ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚАБУЛ ГАРДИДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АВФ» ҲАМЧУН АМАЛИ ИНСОНПАРВАРОНАИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 19/06/2026 - 09:19
     Яке аз масъалаҳои муҳими принсипи инсондӯстӣ дар сиёсати ҷиноятӣ ва ҳуқуқии давлат падидаи авф ба ҳисоб меравад. Авф ҳамчун воситаи ҳуқуқии сабук намудани оқибатҳои ҳуқуқии ҷиноят барои гурӯҳҳои муайяни шахсон, дар аксари давлатҳои ҷаҳон истифода мешавад ва ба таъмини тавозун байни адолат, инсондӯстӣ ва манфиатҳои ҷамъиятӣ мусоидат менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ институти авф ҳамчун унсури муҳими сиёсати давлатии ҳуқуқӣ ва ҷиноятӣ мавқеи хос дошта, қабули қонунҳои авф одатан  чун анъана ба муносибати санаҳои муҳими таърихӣ ва давлатӣ амалӣ мегардад.
      Дар шароити муосир авф на танҳо ҳамчун механизми озод намудани шахсони алоҳида аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё ҷазо, балки ҳамчун воситаи татбиқи сиёсати инсондӯстонаи давлат, коҳиш додани шумораи маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣ ва фароҳам овардани имконияти бозгашти онҳо ба ҳаёти муқаррарии ҷамъиятӣ арзёбӣ мешавад. Дар ин замина, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун падидаи муҳими сиёсати ҳуқуқӣ ва иҷтимоии давлат арзёбӣ мегардад.
    16 июни соли 2026 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба имзо расониданд. Ин иқдом идомаи мантиқии сиёсати инсонпарваронаи давлат буда, аз таваҷҷуҳи пайваста ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ ва татбиқи усулҳои гуманизатсияи қонунгузории ҷиноятӣ шаҳодат медиҳад.
     Дар назарияи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва ҳуқуқи конститутсионӣ авф ҳамчун санади махсуси ҳуқуқӣ эътироф мегардад, ки нисбат ба доираи номуайяни шахсон татбиқ мешавад. Тибқи муқаррароти қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, авф метавонад дар шаклҳои гуногун амалӣ гардад, аз ҷумла озод намудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, озод кардан аз адои ҷазо, қисман ихтисор намудани муҳлати ҷазо, иваз намудани намуди ҷазо ба ҷазои сабуктар ё бардоштани доғи судӣ. Хусусияти муҳими ин падида дар он аст, ки он на ба шахси мушаххас, балки ба гурӯҳи муайяни шахсон татбиқ шуда, нисбат ба ҷиноятҳое амал мекунад, ки то қабули санади авф содир гардидаанд.
     Таҳлили мазмуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» нишон медиҳад, ки ҳадафи асосии он татбиқи амалии принсипҳои инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ мебошад. Мутобиқи муқаррароти қонун, он нисбат ба 18038 нафар татбиқ мегардад. Аз ин шумора 11305 нафар аз муассисаҳои иҷрои ҷазо, муассисаҳои сукунатӣ ва дигар навъҳои ҷазое, ки бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд нестанд, озод карда мешаванд.    Ҳамзамон нисбат ба 6733 нафар муҳлати адонагардидаи ҷазо кам карда мешавад. Ин нишондиҳандаҳо аз фарогирии васеи қонун ва аҳаммияти иҷтимоии он шаҳодат медиҳанд.
       Яке аз хусусиятҳои муҳими қонуни мазкур таваҷҷуҳи махсус ба гурӯҳҳои иҷтимоии осебпазир мебошад. Дар сиёсати ҷиноятии муосир нисбат ба занон ва ноболиғон истифодаи воситаҳои башардӯстона муҳим арзёбӣ гардида, қонунгузорӣ низ чунин муносибатро инъикос менамояд. Дар доираи татбиқи қонуни мазкур аз 507 нафар зане, ки адои ҷазо менамоянд, 248 нафар аз адои қисми боқимондаи ҷазо пурра озод гардида, нисбат ба 259 нафар муҳлати ҷазо ихтисор карда мешавад. Ҳамчунин, аз 134 нафар ноболиғи маҳкумшуда 99 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод шуда, барои 35 нафар муҳлати ҷазо кам карда мешавад. Чунин муносибат ба талаботи ҳуқуқи байналмилалӣ ва меъёрҳои муосири ҳифзи ҳуқуқи инсон мувофиқ буда, аз аҳаммияти тарбиявӣ ва иҷтимоии институтҳои ҳуқуқии гуманистӣ дарак медиҳад.
     Аҳамияти ҳуқуқии Қонуни «Дар бораи авф» танҳо ба шахсони маҳкумшуда маҳдуд намегардад. Қонун инчунин нисбат ба шахсоне татбиқ мешавад, ки парвандаҳои ҷиноятии онҳо дар марҳилаҳои таҳқиқ, тафтиш ё баррасии судӣ қарор доранд. Дар чунин ҳолатҳо, тибқи муқаррароти қонун, парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба шахсони таҳти авф қарордошта қатъ карда мешаванд. Ин тартиб имконият фароҳам меорад, ки нисбат ба баъзе шахсон пеш аз содир гардидани ҳукми суд принсипҳои инсондӯстӣ татбиқ гардида, онҳо аз оқибатҳои минбаъдаи ҷавобгарии ҷиноятӣ раҳо ёбанд.
     Дар баробари ин, қонун танҳо ба озод намудани шахсон маҳдуд нашуда, масъалаҳои муҳими мутобиқсозии иҷтимоии онҳоро низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор медиҳад. Бо ин мақсад мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор вазифадор гардидаанд, ки барои ба шуғл фаро гирифтани шахсони аз муассисаҳои иҷрои ҷазо озодшуда, ҷалби ноболиғони авфшуда ба таҳсил, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Аз нуқтаи назари сиёсати пешгирии ҷинояткорӣ чунин тадбирҳо аҳамияти калидӣ дошта, ба ҳамгироии иҷтимоии шахсони озодшуда замина фароҳам меоранд.
     Тибқи қонун мақомоти ваколатдор уҳдадор шудаанд, ки иҷрои пурраи санади мазкурро дар муҳлати ду моҳ таъмин намуда, аз натиҷаҳои амалисозии он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд. Чунин тартиб аз зарурати таъмини назорати самараноки татбиқи қонун ва иҷрои якхелаи муқаррароти он дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад.
      Аз нигоҳи назарияи давлат ва ҳуқуқ, авф на танҳо воситаи озод намудани шахс аз ҷавобгарӣ ё ҷазо, балки механизми муҳими татбиқи сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад. Ин институт ба таъмини мувозинат байни манфиатҳои ҷомеа, талаботи адолати ҷиноятӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои шахс мусоидат менамояд. Тавассути авф давлат нишон медиҳад, ки мақсади ниҳоии сиёсати ҷиноятӣ танҳо ҷазодиҳӣ набуда, балки ислоҳи шахс ва фароҳам овардани имконият барои бозгашти ӯ ба ҷомеа мебошад.
     Дар маҷмуъ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, намунаи равшани амалисозии принсипҳои инсондӯстӣ, адолати иҷтимоӣ ва давлатдории иҷтимоӣ мебошад. Татбиқи ин санад ба ҳазорон шаҳрванд имконият медиҳад, ки ба ҳаёти муқаррарӣ баргарданд, робитаҳои оилавӣ ва иҷтимоии худро барқарор намоянд ва ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеа дар рушди давлат саҳм гузоранд. Аз ин рӯ, қонуни мазкурро метавон ҳамчун яке аз муҳимтарин унсури сиёсати инсондӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи муосири рушди давлатдорӣ арзёбӣ намуд, ки ба таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва эътимоди шаҳрвандон ба давлату ҳуқуқ мусоидат мекунад.
 
 

 

Акбарализода Ҷасур Акбаралӣ,
сардори шуъбаи қонунгузории гражданӣ,
соҳибкорӣ ва оилавии Маркази миллии
қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад