ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 2257 ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ Маҷлиси Олии ҶТ 16.07.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 2278 ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ ШАХСОНИ МАЪЮБИЯТДОШТА Маҷлиси Олии ҶТ 16.07.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip

ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ: ЗУҲУРОТ ВА ХАТАРИ ОН БА ҶОМЕА

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 16/07/2026 - 16:47
     Муқовимат ба экстремизму терроризм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо дарки хавфнокии чунин зуҳуроти номатлуб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ дар сатҳи байналмилалӣ таъкид намуданд, ки «Возеҳ аст, ки дар баробари ҷиноятҳои киберӣ, терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ то ҳол таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти ҷаҳонӣ мебошанд».[1]
     Таҷрибаи андӯхтаи ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки экстремизм ва терроризм зуҳуроти ғайритасодуфӣ ва гуногунҷабҳа буда, натанҳо дар зеҳнияту таффакури ашхоси алоҳида, балки дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт, муҳит, муносибот, таълиму тарбия, фарҳанг, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, таъсири беруна ва ғайра реша дошта, комёбӣ дар ин ҷода таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои маҷмуиро тақозо менамояд.
     Экстремизм аз калимаи фаронсави «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.
     Бо дарки ин воқеият, Ҷумҳурии Тоҷикистон амалияи таҳия ва татбиқи барномаҳои маҷмуии давлатии худро дар ин самт бо роҳи қабули стратегияҳои миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои давраҳои муайян роҳандозӣ намудааст.
     То ин дам дар ин самт ду стратегияи миллӣ – барои солҳои 2016-2020 ва солҳои 2021-2025 таҳия, қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.
     Дар баробари қабул ва амалӣ намудани стратегияҳои мазкур:
- дар ин давра қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» аз 23 декабри соли 2021, №1808; «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» аз 15 марти соли 2023, № 1950; «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда» аз 22 июни соли 2023, №1970 ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022, №1920 мавриди амал қарор дода шудаанд;
- дар байни кормандони ниҳодҳои давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳолӣ ва воситаҳои ахбори омма чорабиниҳои васеи маърифатӣ ва фаҳмондадиҳӣ тарғиботӣ гузаронида шуда, дар ҷомеа дарки дурусти зуҳуроти мазкур, фазои ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулнопазирӣ ва масъулияти дастҷамъӣ дар муқобили ифротгароӣ ташаккул дода шуд;
- масъалаҳои марбут ба экстремизм ва терроризм мавриди таҳқиқотҳои васеи илмию таҳлилӣ ва сотсиологӣ қарор дода шуда, доир ба ин мавзуҳо 14 рисолаҳои номзадию докторӣ ва 155 рисолаҳои дипломӣ ҳимоя карда шуданд;
- бо мақсади тақвияти ниҳодии муқовимат ба экстремизм ва терроризм моҳи апрели соли 2023 дар сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо таъсис дода шуд;
    Истилоҳи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Зеро, террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. [2]
     Дар натиҷаи ин чорабиниҳо суботу ҳамдигарфаҳмӣ, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, қонуният ва адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа таъмин гардида, заминаҳои ҳуқуқӣ ва ниҳодии пешгирии экстремизм ва терроризм тақвият ёфтанд.
     Аз ҷумла, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва иштироки онҳо дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи ҳудуди дигар кишварҳо ҷиддан коҳиш ёфта, ҳалқаҳои хуфтаи ташкилотҳои террористӣ асосан ошкору бартараф ва имкониятҳои даст задан ба амалҳои террористӣ дар дохили кишвар ҷиддан маҳдуд карда шуданд.
     Мусаллам аст, ки аксар омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда хусусияти бардавом дошта, бартараф намудани онҳо муҳлати зиёд ва чораандешии пайвастаро тақозо менамоянд. Бар асари ин омилҳо ҳанӯз ҳам ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ, шиддати ташвиқоти экстремистӣ тавассути шабакаи интернет, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистию террористӣ аз байн нарафтааст.
     Вақтҳои охир маблағгузории бевоситаи гурӯҳҳои террористӣ бо истифодаи пули нақд ва интиқоли маблағ тавассути суратҳисобҳои бонкӣ ҷиддан коҳиш ёфта бошад ҳам, унсурҳои террористӣ ва пайравони онҳо ба тарзу усулҳои пинҳонкоронаи маблағгузории терроризм, пинҳон доштани манбаҳои маблағгузорӣ ва ҷалби маблағҳои аҳолӣ бо ин мақсад рӯй овардаанд.
     Ҳамзамон, таҳдиди дигар дар ин самт вусъат ёфтани истифодаи бозиҳои компютерӣ ҳамчун василаи паҳн кардани идеология зӯроварӣ, экстремизм ва терроризм, бахусус дар байни наврасону ҷавонон мебошад, ки он дар замири онҳо майли бо роҳи хушунат ва зӯроварӣ ҳал намудани низоъҳо ва рӯй тофтан аз ҳалли осоиштаи баҳсҳоро дар ҳаёти воқеӣ ба миён меорад.
     Гурӯҳҳои террористӣ аз шабакаҳои интернети, ҷиҳати сафедкунии терроризм, фирефти ҷавонон, ва ҷалби онҳо ба сафҳои худ ва дастгирии молиявии терроризм истифода мебаранд.
Ҳолатҳои номбурда ҳамчун мушкилоти асосӣ боқӣ монда, зарурати таҳия ва қабули Стратегияи нави пешгирии экстремизм ва терроризмро Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи тӯлонитар, яъне то соли 2040 ба миён овардаанд.
     Ҳадафи асосии Стратегия ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти ҷамъиятӣ дар заминаи ташаккули низоми самараноки ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат аз таҳдидҳои экстремизм ва терроризм мебошад.[3]
    Дар баробари ин, яке аз вазифаҳои Стратегия баланд бардоштани нақши мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, (ҷомеаҳои маҳаллӣ), соҳаи маориф, кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила дар пешгирии барвақтии рӯҳияи экстремистӣ, аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм мусоидаткунанда дар муҳити динӣ, фазои маҷозӣ, муассисаҳои ислоҳӣ ва раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, тақвияти тадбирҳо оид пешгирии маблағгузории терроризм, офиятбахшӣ ва барқарорсозии шахсони аз минтақаҳои ҷангзада баргардонидашуда ё гузаштаи экстремистию террористидошта, такмили заминаҳои ҳуқуқию ниҳодӣ ва амалияи пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм, механизмҳои ҳамкории мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин вусъат бахшидани ҳамкориҳои байналмилаллӣ дар ин самт мебошанд.
     Дар робита ба ин, дар доираи Стратегия тадбирҳо ҷиҳати такмили боз ҳам бештари чораҳои пешгирии экстремизм идома дода шуда, дар ин самт тадбирҳои маҷмуии дорои хусусияти иттилоотӣ-методӣ, ташкилию ниҳодӣ ва илмию таҳлилӣ андешида мешаванд.
     Бинобар ин, дар шароити пешомада, танҳо сафарбарсозии тамоми имкониятҳои моддиву маънавӣ ва ба роҳ гузоштани як набарди умумимиллӣ метавонад роҳи дурусти мубориза бо ин хатар бошад. Хушбахтона, дар солҳои охир мақомоти сиёсию қудратии кишвар, ташкилотҳои динию ҷамъиятӣ бо дарки ин хатари маргбор барои пешгирии гароиши ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо талошҳои ҷиддӣ ба роҳ мондаанд.
     Омӯзиши раванди коргузорӣ дар ин самт нишон медиҳад, ки агар равиши таблиғу ташвиқот дар ин масъала такмил ёфта, моҳияту хатари ифротгароӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ ба мардум ба таври боз ҳам мушаххастару соддатар фаҳмонида шаванд, ин кӯшишҳои давлат ва ҷомеа натиҷаи дучандон хоҳанд дошт.[4]
     Таҳлили раванди муқовимат бо хатарҳои муосир нишон медиҳад, ки таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи суботи ҷамъиятӣ аз маҷмӯи омилҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ вобастагӣ дорад. Дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи масъулияти шаҳрвандӣ, махсусан дар байни ҷавонон, ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ арзёбӣ мегардад. Тадқиқотҳо собит менамоянд, ки таҳкими зиракии сиёсӣ ва рушди тафаккури интиқодӣ дар ҷомеа метавонад омили муҳими пешгирии таъсири гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ бошад.
      Ҳамзамон, афзалият додан ба манфиатҳои миллӣ нисбат ба манфиатҳои шахсӣ дар доираи арзишҳои шаҳрвандӣ ҳамчун яке аз унсурҳои муҳими устувории иҷтимоӣ баррасӣ мегардад.
     Дар сатҳи сиёсати давлатӣ, татбиқи самараноки дастуру супоришҳо ва барномаҳои стратегии роҳбарияти давлат дар шакли ҳуҷҷатҳои барномавӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар таъсири мусбат мерасонад. Ин раванд бо такмили низоми идоракунии давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи иштироки шаҳрвандон дар равандҳои иҷтимоӣ алоқаманд мебошад.
     Дар маҷмуъ, таҳкими механизмҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва маърифатӣ дар самти пешгирии зуҳуроти номатлуб метавонад ба устувории давлатдорӣ ва рушди устувори ҷомеа мусоидат намояд.
 
       Руйхати адабиётҳои истифодашуда:
1.  (Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои 79-уми умумии маҷмааи умумии СММ 24.09.2024 дар ИМА) (5.10.2024)
2. Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон [Матн]: Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) / Зери таҳ. А.Ғ.Холиқов . – Душанбе, 2014.
3. Терроризм ва экстремизм - зуҳуроти номатлуби замони муосир [Матн]: Тавсияи методӣ барои китобдорон / Мураттибон Ш. Муҳаммадиева., О. Мирзоева; Муҳаррир Ҷ.Валиев; Зери назари умумии Г.Маҳмудов. – Душанбе, 2016.
4. Плотников Н. Терроризм ватан надорад [Матн]: Мусоҳиба бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов // Садои мардум. – 2001. – 22 декабр. Убайдуллоев, М. Алайҳи терроризм бояд якҷоя мубориза барем [Матн] // Садои мардум. – 2001.
 
Муминов Ғайрат Илҳомиддинович
Мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузорӣ
оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоӣ
Маркази миллии қонунгузории
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад