ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

ХАРИДУ ФУРӮШИ ОДАМОН АМАЛИ НАНГОВАРИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНИСТ

-A A +A
Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Чшб, 27/04/2022 - 12:29
   Дар ҷаҳоне, ки фазояш зудтағйирёбандаасту ҳамарӯза дар гӯшае аз он амалҳои ғайриқонуниву ғайриинсонӣ рух медиҳад, дар ин масир ҳифз намудани давлату миллат аз ҳар гуна хатарҳои геополитикӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд масъулияти басо сангину пурифтихор аст. Ҳамин аст, ки дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои конститутсионӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ҳадафи онҳо мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ, танзими ҳуқуқии паҳлуҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва давлат мебошанд, қабул гардидаанд.
  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аввалин Конститутсияи дар даврони соҳибихтиёрӣ қабулкардааш инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намудааст, зеро фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳз ба таъмини риояи ин арзишҳои олӣ нигаронида шудаанд.
  Мутаассифона, дар баробари мавҷуд будани кафолатҳои давлативу байналмилалӣ нисбат ба инсон ва ҳуқуқҳои ӯ бар замми ин ҳолатҳое дучор мешаванд, ки боиси поймолкунии чунин ҳуқуқҳо сабаб мегарданд. Яке аз онҳо савдои одамон ба шумор меравад.
 Савдои одамон дар миқёси байналмилалӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф шудааст. Гурӯҳҳо ва ташкилотҳои муташаккили ҷинояткор бо мақсади роҳандозии ҳадафҳои ҷинояткорона ба савдои одамон даст зада, нафарони зиёдро бо ҳавасмандкунии молиявӣ ҷалб намудан ба меҳнат ва музди маоши баланд дар давлатҳои хориҷӣ фирефта карда, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ менамоянд.
  Давлат самаранокии муқовимат ба савдои одамонро бо роҳи татбиқи чораҳои маҷмӯӣ оид ба такмили кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар самти муқовимат ба савдои одамон ваколатдор мебошанд, баланд бардоштани салоҳиятнокӣ ва ихтисоснокии кормандони онҳо, таъмини огоҳонидан, ошкор намудан, пешгирӣ кардан ва тафтиши ҳамаи ҳолатҳои савдои одамон, муқаррар ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда, ошкоркунии шахсони дар содиркунии ҷиноятҳои зикргардида гунаҳгор, ногузирии ба ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашидани онҳо ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамонро кафолат медиҳад.
  Мувофиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон», ки 2 январи соли 2019, №1563 қабул гардидааст, савдои одамон – хариду фурӯши одам ва ё нисбат ба ў анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ, ки дар онҳо вай ҳамчун объекти моликият баромад мекунад, ҳамчунин новобаста аз розигии қурбоншуда бо мақсади истисмори ӯ ё бо дигар тарз гирифтани фоидаи ғайриқонунї пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол, пинҳон кардан, супоридан ё гирифтани одам бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, сӯистифода намудани гунаҳгор аз вазъи хизматии худ, сӯистифода аз боварӣ ё ҳолати оҷизии қурбонии савдои одамон ва ё ришвадиҳӣ ба шахсе, ки қурбонӣ таҳти вобастагии ӯ қарор дорад, бо қонун њифз карда мешаванд.
   Зеро бо назардошти вазъияти дохилӣ ва берунии муқовимат ба савдои одамон, ҳолати воқеӣ, тамоюл ва пешгӯии афзоиши ин намуди ҷинояткорӣ, инчунин ҳолати расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ, савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни ҷиноятҳои зикргардида равона шудаанд, ташаккул меёбад.
  Низоми муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои давлатӣ, инчунин ташкилотҳои ғайридавлатӣ, байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон оид ба огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, бартарафсозии оқибатҳои иҷтимоии онҳо, инчунин расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамонро дар бар мегирад.
  Ҷинояти савдои одамон ба ҷамъият хавфнокии махсус дошта, ба ҷиддан поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона шуда, дорои ҷузъҳои таҳдид нисбат ба амнияти миллӣ ва тахриби суботу устувории вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии давлат мебошад.
  Бо вуҷуди он, ки қонунгузории амалкунанда савдои одамон ва истисмори онҳоро бо таҳдиди татбиқи ҷазои ҷиноятӣ манъ карда, ин кирдорҳоро ҷиноят эътироф намуда бошад ҳам, аз таҷрибаи судӣ ба назар мерасад, ки ҳоло ҳам шахсони алоҳида ба содир кардани ин амалҳои ҷинояткорона  ва нанговар даст мезананд.
  Ҳамин тариқ бояд зикр намоем, ки аз ҳама неъмати пурқиматтарин ин ҳаёт, қадр, номуси инсон ба шумор меравад, аз ҳамин лиҳоз бояд ҳар як фарди бедордили ҷомеа ва давлатро зарур аст, ки ин арзишҳои умумибашариро эҳтиром ва ҳифз намояд.
 
 
                                                                                                    Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович
                                                                                                  корманди Маркази миллии қонунгузории назди                                                                                                                      Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)