ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ МУНОСИБАТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР СОҲАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 19/06/2026 - 16:37
     Дар шароити муосир технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба унсурҳои ҷудонопазири низоми идоракунии давлатӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва равандҳои иҷтимоии ҷомеа табдил ёфта, дар баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ ва таъмини рушди устувори ҷомеа нақши муҳим ва муассир доранд.
     Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд бо мақсади танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва мутобиқ гардидан ба талаботи замони муосир як қатор санадҳои қонунгузориро қабул намудааст.  Аз ҷумла, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоот”[1], “Дар бораи ҳифзи иттилоот”[2], “Дар бораи фаъолияти инновастсионӣ”[3], “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”[4], “Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ”[5], “Дар бораи иттилооти экологӣ”[6] ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқиро қабул намуд. Қабули маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ҷиҳати ташаккул ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқии танзими онҳо, заминаи мусоиди ҳуқуқӣ гузоштаанд.
     Илова бар ин, бо мақсади такмили минбаъдаи сиёсати рақамикунонӣ, ҷиҳати такмили соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ таъкид намуданд, ки  “Парламенти кишварро зарур аст, ки барои таъмин намудани заминаи ҳуқуқии гузоштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ чораҷӯйӣ намояд”[7]. Зеро то кадом сатҳу дараҷа ҳуқуқбунёд будани давлат аз сатҳу сифати қонунҳои он вобаста аст[8]. Маврид ба зикр аст, ки гузариш ба ҷомеаи рақамӣ на танҳо сохтори иқтисодиро тағйир медиҳад, балки аз ҳар як шаҳрванд малакаву донишҳои нави ҳуқуқӣ ва истифодаи технологияҳоро талаб мекунад. Дар ин хусус мутахассисон Н.М. Имомзода ва А.Ш. Ғанизода дар он назаран, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор дорои ваколатҳои калидӣ дар самти қонунэҷодӣ, назорат ва намояндагии манфиатҳои халқ мебошад. Аз ин рӯ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти он метавонад ба баланд бардоштани сифати иҷрои ин ваколатҳо мусоидат намояд[9]. Бояд тазаккур дод, ки  қабули саривақтии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт метавонанд ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, саводнокии рақамии аҳолӣ барои коҳиш додани нобаробарии рақамӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии давлат дар арсаи байналмилалӣ замина гузоранд.
     Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки имрӯз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ на танҳо василаи ёрирасон, балки ҳамчун нерӯи пешбарандаи иқтисодиёт, сиёсат ва фарҳанг баромад намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро комилан дигаргун месозанд. Дар партави ин равандҳо, барои давлатҳои дар ҳоли рушд, масъалаи танзими ҳуқуқии ин муносибатҳои нави ҷамъияти аҳамияти стратегӣ пайдо менамояд. Тавре, Р.Ш. Шарофзода таъкид мекунад “дар партави ташаккулу рушди ҳукумати электронӣ фаъолияти ҳуқуқтатбиқсозии мақомоти идоракунии давлатӣ, ки фаъолияти онҳо бо хизмати электронӣ робита доранд, мазмуни нав пайдо мекунанд”[10].Тасдиқи ин гуфтаҳо дар он ифода меёбад, ки технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ворид шуда, ҳамчун омили муҳими навоварӣ, рақобатпазирӣ ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ хизмат мекунанд. Аз ин рӯ, барои танзим ва истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, муайян намудани меъёрҳои ҳуқуқии фаъолияти субъектҳои дахлдор, мутобиқ намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ ба талаботи замони рақамӣ ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор аҳаммияти муҳим доранд.
     Тавре, Д.В. Игнатьев қайд менамояд, “иттилоотонии фаъолияти ҳуқуқтатбиқсозӣ яке аз омилҳои таъмини самаранокии намудҳои гуногуни фаъолияти давлатӣ, шаклҳои амалисозии ҳуқуқ, самаранокии ҳамаи функсияҳои давлат, аз ҷумла самаранокии механизми амалисозии функсияи иттилоотии давлат меҳсуб мешавад”[11]. Маврид ба зикр аст, ки  дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии давлатҳои ҷаҳон табдил ёфтааст. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар шароити имрӯза зеҳни сунъӣ на танҳо ҳамчун дастоварди илмӣ-технологӣ, балки ҳамчун воситаи муҳими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии давлатӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Чункӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо дарназардошти равандҳои ҷаҳонии рақамикунонӣ ба рушди технологияҳои муосир таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҷорӣ намудани онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
     Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми сентябри соли 2022, №483 “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” қабул гардид. Ҳадафи асосии Стратегияи мазкур аз он иборат аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифода ва ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ ба яке аз кишварҳои пешсафи минтақа табдил ёфта, барои расидан ба ин мақсад давлат нақша дорад, ки низоми муосири таълимӣ ва илмиро барои омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи технологияҳои рақамӣ пурра бозсозӣ намояд. Амалӣ намудани Стратегия барои рушди неруи зеҳнӣ, баланд бардоштани сатҳи истифодаи дастовардҳои илм дар истеҳсолот ва иҷрои ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон мусоидат менамояд[12].
     Технологияҳои зеҳни сунъӣ имкон фароҳам меоваранд, ки дар солҳои наздик сохтори иқтисодӣ ва тарзи фаъолияти одамон ба куллӣ иваз гарданд. Ин технологияҳо қариб ба тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон, аз қабили ҳуқуқэҷодкунӣ, ҳуқуқтатбиқсозӣ, ҳифзи ҳуқуқ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин тандурустӣ, маориф, саноат, нақлиёт, бонкдорӣ ва ғайра ворид шуда, кори одамонро ба маротиб беҳтар ва осон мегардонанд.
     Аммо, барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳо, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон оид ба роҳу усулҳои истифодаи технологияҳои муосир ва такмили маърифати ҳуқуқии онҳо зарур мебошад. Қабули Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 гувоҳи он аст, ки дар кишвар ҷиҳати рушди ин соҳа заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Тавре, Ю. Хабермас қайд менамояд “рушди технологияҳои рақамӣ ҳамчун омили ташаккули фазои нави оммавӣ” маҳсуб мешавад[13]. Маврид ба зикр аст, ки татбиқи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар соҳаи ҳуқуқ, иқтисод, маориф, тиб ва хизматрасониҳои давлатӣ нақши муҳим дорад.
     Дар асоси таҳлилиҳои илмӣ-амалии анҷомдодашуда, сарфи назар аз рушди босуръат дар байни аҳолӣ якчанд мушкилоти ҷиддӣ низ дар ин самт ба назар мерасанд. Аз ҷумла, норасоии заминаи ҳуқуқӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, амнияти кибернетикӣ, масъулияти ҳуқуқӣ ва норасоии мутахассисони баландихтисос. Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои гузошта шуда, дар самти технологияҳои рақами ва зеҳни сунъӣ, ҳалли мушкилотҳо зикргардида аввалиндараҷа ба шумор мераванд. Бо вуҷуди имкониятҳои фарохи зеҳни сунъӣ, ҳалли мушкилоти ҳуқуқӣ, техникӣ, ташкилӣ ва ахлоқии вобаста ба истифодаи технология шарти муҳимми татбиқи самаранок ва бехатари он маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос аз вазифаҳои аввалиндараҷа дар ин самт мебошанд.
     Дар ин хусус Р.Ш. Шарофзода қайд менамояд, ки  “иттилоотонии ҷомеа, ки яке аз самтҳои сиёсати иттилоотии давлати Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятиро фаро мегирад”[14].  Бояд тазаккур дод, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз омилҳои муҳими таъмини истифодаи бехатар, қонунӣ ва самараноки ин технологияҳо ба шумор меравад. Чункӣ, маърифати ҳуқуқии нокифоя метавонад боиси вайроншавии ҳуқуқи шахсони алоҳида, паҳншавии маълумоти нодуруст ва истифодаи ғайриқонунии технологияҳои рақамӣ гардад.
     Дар ин замина, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, бо мақсади рушди технологияҳои иттилоотӣ, иттилоотонии ҷомеа ва ҳифзи амнияти иттилоотонӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул гардидаанд, ки барои ташаккул ва рушди технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ заминаи мусоидро фароҳам оварданд.
     Маврид ба зикр аст, ки танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ раванди муҳим ва давомдор буда, татбиқи маҷмӯи чорабиниҳои таълимӣ, иттилоотӣ ва ҳуқуқиро талаб мекунад. Танҳо дар сурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, метавон истифодаи бехатар, самаранок ва қонунии технологияҳои зеҳни сунъиро таъмин намуд.
     Ҳамин тавр, гузариши босуръат ба ҷомеаи рақамӣ аз ҳар як шаҳрванд донишу малакаҳои нави технологиро талаб намуда, заминаи асосии рушди устувори давлатро ташкил медиҳад. Қабули консепсияҳо ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар СММ имкон медиҳанд, ки кишвар ба маркази пешсафи технологӣ дар Осиёи марказӣ табдил ёбад.  Зеро, зеҳни сунъӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои илмӣ-технологии асри XXI ба ҳисоб рафта, рушд ва татбиқи он барои баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, рушди иқтисод, такмили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳаммияти калон дорад. Дар баробари ин, истифодаи самаранок ва бехатари зеҳни сунъӣ таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро талаб менамояд.
     Дар робита ба ин, омӯзиши таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя дар самти технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ нишон медиҳад, ки ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас дар ин соҳа танҳо дар асоси таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунанда ва татбиқи самараноки онҳо имконпазир мебошад.
     Аз ин рӯ, пешниҳод мегардад, ки аз ҷониби Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади суръатбахшии гузариш ба низоми муосири рақамӣ ва таъмини заминаҳои ҳуқуқӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими фаъолияти зеҳни сунъӣ” таҳия ва қабул карда шавад.
 
           Рӯйхати адабиёт:
  1. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002, №4, қ -  2, мод. 322; соли 2014, №11, мод.673)
  2. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002, №11, мод. 696; соли 2005, №12, мод.646
  3. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012, №4, мод.272
  4. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли соли  2008, № 6, мод.469.
  5. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023, №1-3, мод. 17
  6. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011, № 3, мод. 172; ҚҶТ аз 13.11.2024с №2096
  7. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 16 декабри соли 2025 [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: https://president.tj  (санаи муроҷиат: 04.06.2026);
  8. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон // Садои мардум, 9 ноябри соли 2009 № 128 (2504).
  9. Имомзода Н.М. ва Ғанизода А.Ш. Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии Парламенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити рақамикунонии ҷомеа // Маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ» №4 (60), 2025. С. – 13-19.
  10. Шарофзода Р.Ш. Асосҳои назариявӣ-меъёрии татбиқи ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон // монография. Душанбе – 2023. С. –114.
  11. Игнатьев Д.В. Информационная финкция государства и механизм ее реализатции  // Право и государство: теория и практика. – 2010. – №1(6). – С.134-139
  12. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  30-юми сентябри соли 2022, №483
  13. Харченко О. И. Электронный парламент как этап развития информационного общества // Вестник Саратовского социально-экономического института (филиала) Государственного университета им. Г.В. Плеханова. Саратов. 20 с.
  14. Шарофзода Р.Ш. Асосҳои назариявӣ-меъёрии татбиқи ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон // монография. Душанбе – 2023. С. –115.
 
 
Ҷамшедзода Комрон Ҷамшед,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
 муовини якуми директори Маркази
миллии қонунгузории назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад