ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШКИЛИ ЧОРАҲОИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 19/06/2026 - 15:48
    Танзими давлатӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ барои ҳар як давлат мушаххас самарабахш, ба таври дуруст ҳамоҳангшуда, ташаккули сатҳи шуғли аҳолӣ ва тақвияти самтҳое, ки ба афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва суръат бахшидани дигаргуниҳои сохторӣ дар шуғл нигаронида шудаанд, тақвият дода мешавад.
     Дар шароити муосир барои бартараф намудани мушкилоти шуғли аҳолӣ тавассути тадбирҳои иҷтимоӣ, ки роҳи баромадро аз масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ таъмин мекунад, ин истифодаи оқилонаи захираҳои меҳнатӣ мебошад.
    Сатҳи зиндагии аҳолӣ яке аз омилҳои калидии танзимкунандаи сатҳи шуғл ба ҳисоб меравад. Масъалаи муайян кардани он дар арзёбии шуғл, махсусан аз нуқтаи назари ҷомеа муҳим аст, ки ба арзёбии мустақилонаи самаранокии сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат ниёз дорад. Бо дарназардошти дар боло зикргардида, давлатро зарур аст, ки барои иҷрои вазифаҳои асосии иҷтимоии худ: таъсир ба бозори меҳнат ва бекорӣ, танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатии корфармоён ва кормандон, пешгирии талафоти зиёди даромад ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъмин кунад.
     Дар шароити рушди сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон масъалаҳои шуғли аҳолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои кори доимӣ ҳамчун самти афзалиятноки давлатдорӣ қарор доранд. Ин масъала дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, ба таври возеҳу равшан зикр шудааст.
     Президенти мамлакат дар Паёми худ таъкид карданд, ки ҳамкориҳои самараноки мақомоти давлатӣ ва ҳадафҳои иҷтимоӣ бояд барои фароҳам овардани ҷойҳои корӣ равона гарданд. Ин нишон медиҳад, ки давлат шуғли аҳолиро ҳамчун яке аз вазифаҳои стратегии худ мешуморад.
     Роҳбари давлат қайд намуданд, ки давлат ба масъалаи таъмини шуғл ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ диққати махсус дода, аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад [1].
     Танзими давлатӣ он маҷмӯи чораҳое мебошад, ки тавассути онҳо мақомоти давлатӣ ба равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ таъсир мерасонанд, фаъолияти субъектҳои хоҷагидориро танзим мекунанд, риояи қонунро таъмин мекунанд ва манфиатҳои ҷамъиятию давлатиро ҳимоя мекунанд.
     Дар танзими давлатӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ миёни санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда, мавқеи муҳимро ишғол менамояд.
    Дар қатори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавқеи муҳимро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ишғол менамояд, ки 1 августи соли 2003, №44 [2] қабул шудааст.
     Дар моддаи 12 Қонун сухан дар бораи танзими шуғл меравад, ки атрофи он таҳлил мегузаронем.
     Дар сархати якуми моддаи 12 Қонун бо мақсади мусоидат ба шуғли пурра, самаранок ва озодона интихобнамудаи аҳолӣ давлат, таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои молиявию қарзӣ, сиёсати инвеститсионӣ ва андоз, ки ба самаранок ҷойгир намудани қувваҳои истеҳсолкунанда, баланд бардоштани зудҳаракатии захираҳои меҳнатӣ, рушди машғулияти мустақилона, ташвиқ намудани истифодаи низоми уҳдабароёнаи меҳнатӣ, ҳавасманд намудани корфармоён ва дигар тадбирҳо, ки ба нигоҳдории ҷойҳои кории самаранок амалкунанда ва таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат менамоянд, равона карда шудаанд
     Бо мақсади мусоидат ба шуғли пурра, самаранок ва озодона интихобнамудаи аҳолӣ давлат якчанд тадбирҳоеро, ки дар ин самт амалӣ менамояд, пешбинӣ намудааст. Якум, ин таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои молиявию қарзӣ, сиёсати инвеститсионӣ ва андоз, ки ба самаранок ҷойгир намудани қувваҳои истеҳсолкунанда, баланд бардоштани зудҳаракатии захираҳои меҳнатӣ, рушди машғулияти мустақилона, ташвиқ намудани истифодаи низоми уҳдабароёнаи меҳнатӣ, ҳавасманд намудани корфармоён ва дигар тадбирҳо, ки ба нигоҳдории ҷойҳои кории самаранок амалкунанда ва таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат менамоянд, равона карда шудаанд, амалӣ менамояд.
    Сиёсати молиявӣ, пулию қарзӣ тавсеаи фискалиро дастгирӣ намуда, содиротро тавассути фароҳам овардани пардохтпазирии кофӣ барои иқтисодиёти рушдёбанда ва мусоидат намудан ба меъёрҳои фоизии воқеии муътадил барои сармоягузориҳои хусусӣ ва давлатӣ дастгирӣ мекунад. Дар робита бо ин идоракунии қурби асъор барои таъмини рақобатпазирии байналмилалӣ муҳим хоҳад буд.
    Сиёсати инвеститсионӣ на танҳо барои рушди иқтисодӣ, балки барои таъсиси ҷойҳои корӣ неруи такондиҳанда мебошад. Бинобар ин омили калидии рушди стратегияи миллии шуғли аҳолӣ бояд стратегияе гардад, ки ба таъмини робитаҳо миёни шуғли аҳолӣ ва фароҳам намудани муҳити солими сармоягузорӣ нигаронида шавад.
     Дар сатҳи макроиқтисодӣ дар мадди аввал гузоштани сиёсати давлатии ба инвеститсионӣ нигаронидашудаи андозу буҷет бо такя ба сиёсати пулию қарзӣ дар назар дошта мешавад. Дар ин замина сиёсати андозу буҷет ба тавсеаи пешниҳоди маҷмуӣ илова ба ҳавасмандгардонии талаботи умумӣ нигаронида мешавад, таъсири он бояд аз рӯйи бахшҳои иқтисодиёт ва категорияҳои шуғли аҳолӣ фарқ карда шавад.
     Дуюм, ин танзими ҳуқуқӣ, ки ба нигоҳдорӣ ва мусоидат кардан ба шуғли аҳолӣ дар асоси риояи ҳуқуқҳо, манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва кафолатҳои дахлдори давлатӣ, такмили қонунгузории шуғли аҳолӣ ва оид ба меҳнат нигаронида шудааст.
     Таҳия ва амалисозии маҷмуи тадбирҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сифатан такмил додани фаъолияти мақомот ва ниҳодҳои давлатии мусоидаткунанда ва назораткунанда ба риояи меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва дигар меъёрҳои муқарраргардидаи муносибатҳои меҳнатӣ, аз ҷумла ҳифзи иҷтимоии кормандон, бо истифодаи рақамикунонии раванди қабул ба кор ва истифодаи қувваи корӣ дар назар дошта мешавад.
    Сеюм, ин таҳия ва амалӣ намудани барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ҳамоҳангсозии он бо барномаҳои минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ.
     Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ фарогири тадбирҳои фаъол ва ғайрифаъоли мусоидат ба шуғли аҳолӣ буда, равандҳои ба тайёрии касбӣ ҷалб намудани шаҳрвандони бекор, сафарбаркунии онҳо ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок, ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок барои машғул шудан ба соҳибкории инфиродӣ, расонидани хизматрасониҳои роҳнамоии касбӣ, бокортаъминкунии шаҳрвандони бекор тавассути ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва ҷойҳои нави кории таъсисшаванда дар соҳаҳои иқтисодиёт, бокортаъминкунии шаҳрвандони дар бозори меҳнат осебпазир тавассути ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) ва пардохти кумакпулиҳо барои давраи бекориро дар бар мегирад. Яке аз ҳадафи асосии барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, таъмини ҳамоҳангсозии чорабиниҳои сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ бо ҷараёни амалисозии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва ҳамоҳангсозии онҳо бо барномаҳои минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ маҳсуб меёбад.
     Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар бораи татбиқи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани вазъи шуғли аҳолӣ ва иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи шуғли аҳолӣ, инчунин пешниҳодот оид ба лоиҳаҳои барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҳудудҳо, барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва минтақавии таъмини шуғли аҳолӣ, инчунин, бо назардошти зарурияти ҳалли масъалаҳои нисбатан муҳими мусоидат ба шуғли аҳолӣ, барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ таҳия менамоянд. Дар ин хусус силсилаи барномаҳои давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтаанд, аз ҷумла, Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 [3], ки баъд аз Барномаҳои қаблӣ дар пайиҳамӣ қабул шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
     Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 бо дарназардошти афзалиятҳои муайяншуда дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва таҳлили нишондиҳандаҳои минтақавӣ ва соҳавии бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ таҳия гардидааст.
     Барнома фарогири тадбирҳои фаъол ва ғайрифаъоли мусоидат ба шуғли аҳолӣ буда, равандҳои ба тайёрии касбӣ ҷалб намудани шаҳрвандони бекор, сафарбаркунии онҳо ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок, ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок барои машғул шудан ба соҳибкории инфиродӣ, расонидани хизматрасониҳои роҳнамоии касбӣ, бокортаъминкунии шаҳрвандони бекор тавассути ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва ҷойҳои нави кории таъсисшаванда дар соҳаҳои иқтисодиёт, бокортаъминкунии шаҳрвандони дар бозори меҳнат осебпазир тавассути ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) ва пардохти кумакпулиҳо барои давраи бекориро дар бар мегирад.
     Дар натиҷаи амалисозии босамари чорабиниҳои Барнома сатҳи бекорӣ коҳиш ёфта, ҳифзи иҷтимоии шумораи муайяни бекорон, бахусус занон, ҷавонон ва аҳолии дар бозори меҳнат осебпазир таъмин гардида, барои ҷорӣ кардани таълими инклюзивӣ ва ташаккули салоҳиятҳо шароит фароҳам оварда шуда, фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тавассути гузариш ба хизматрасониҳои рақамӣ ва таъмини дастрасии васеи корҷӯён ва бекорон ба ин хизматрасониҳо тақвият дода мешавад.
     Барномаҳои қабулшуда қабл аз ҳама тадбирҳо оид ба таъсис додани ҷойҳои кории нав, миёнаравӣ дар бозори меҳнат, рушди касбии захираҳои меҳнатӣ, дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта, мусоидат ба шуғли занон ва ҷавонон, рушди соҳибкории инфиродӣ ва таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоӣ ҳангоми бекориро дар бар мегиранд.
     Чорум, давлат тадбиреро, ки дар ин самт амалӣ менамояд, ин рушд ва такмили фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ маҳсуб мебошад.
     Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ин мақомоти давлатии идора ва танзими шуғли аҳолии қобили меҳнатбуда, ки сиёсати мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ба шаҳрвандон таъмин намудани кафолатҳои давлатиро дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ амалӣ менамояд.
     Панҷум, ин Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои татбиқи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҳал масъул мебошанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд барои гузаронидани чорабиниҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҳалҳо мусоидат намоянд, аз ҷумла ба:
а) пешгирии ҳолатҳои ба таври оммавӣ аз кор озодкунии кормандон;
б) таъсис додани ҷойҳои кории нав ва нигоҳ доштани ҷойҳои кории мавҷудбуда;
в) ташкил ва гузаронидани корҳои ҷамъиятӣ;
г) квотакунии ҷойҳои корӣ барои бо ҷои кор таъмин намудани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ ва шахсоне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ мӯҳтоҷ буда, дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд ва дар бозори меҳнат ба рақобати баробар қодир нестанд.
     Хулоса, дар асоси таҳлилҳои дар боло оварда шуда, бояд қайд намоем, ки бо рушди бозори меҳнат, дар заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва танзими давлатии шуғл шартҳои фаъолияти мӯътадили бозори меҳнат ташаккул меёбанд. Усулҳои бозории меҳнат дар асоси арзиши воқеии зиндагии шаҳрвандон, нақши муҳим доранд. Дар ин ҳолат, нақши давлат дар пешбурди шуғл нисбат ба таҳдид ва оқибатҳои бекорӣ, пешбурди ҳифзи шуғли пурра ва рафъи оқибатҳои манфии фаъолияти бозори меҳнат нақши пешгирикунанда дорад.
 
       Руйхати адабиёт:
1. Муҳаммадшарифи Ёрмуҳаммад. Шуғли аҳолӣ дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳим дорад. [Маводи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: https://ifppanrt.tj/shugli-akholi-dar-siyosati-ichtimoii-chumkhurii-tochikiston-mavkei-mukhim-dorad (санаи муроҷиат 16.06.2026).
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» дида мешуд, ки аз 1 августи соли 2003, №44. [Маводи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj. (санаи муроҷиат 15.06.2026).
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №135. [Маводи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj. (санаи муроҷиат 16.06.2026).
 
                                                                               Бобокалон Ғоиб Мерган,
сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид
ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоии
Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад