Аз 5 то 11 декабри соли 2011 Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Раҳимов М.З. барои анҷоми сафари хизматӣ бо мақсади таҳким ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ ба шаҳри Минск Ҷумҳурии Белорус сафар намуд. Дар сафар сардори шўъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ Маҳмадшоев Ф.А. директори Марказро ҳамроҳӣ намуд.
Ҳайати корӣ сараввал аз Маркази миллии қонунгузорӣ ва тадқиқотҳои ҳуқуқии маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Белорус, ки 15 сол инҷониб амал менамояд ва айни замон раҳбарии онро В.Д. Ипатов ба ўҳда дорад, дидан намуд. Директори Марказ, профессор Раҳимов М.З. оид ба нияти анҷоми ин сафар, ки тарафҳо қаблан ба мувофиқа расида буданд қайд карда, сипас дар бораи салоҳият ташкили кор ва вазифаҳои Марказ мухтасар маълумот дод. Аз ҷониби дигар В.Д. Ипатов бо иштироки муовинони Маркази миллии қонунгузорӣ ва тадқиқотҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Белорус оид ба ҷабҳаҳои гуногуни фаъолияти Марказ раёсат, шўъбаҳо, китобхона ва Институти тадқиқотҳои ҳуқуқӣ, ки дар назди ҳамин Марказ амал мекунад, маълумот доданд.
Табодули таҷриба бо фаъолияти ин Марказ нишон дод, ки маҷмўан дар он 115 кормандони амалӣ ва назариявӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Вазифаҳои асосии Марказ таҳия ва экспертизаи ҳуқуқии лоиҳаи қонунҳо, банақшагириии қонунгузорӣ, такмили фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва тадқиқотҳои ҳуқуқӣ, мураттабсозии қонунгузорӣ дар соҳаҳои муносибатҳои гражданӣ, молиявӣ-иқтисод, экология, амнияти миллӣ, фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, иҷтимоиёт ва муносиботи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Белорус мебошад.
Ҳангоми сафар ҳамчунин ҳайати корӣ ба Маркази миллии иттилооти ҳуқуқии маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Белорус, ки сарварии онро О.Э. Кравцов ба ўҳда дорад ташриф оварданд. О.Э. Кравцов низ бо иштироки муовинони худ машварати корӣ барпо намуда, салоҳият ҳадаф ва мақсадҳои фаъолияти ин марказро тариқи технологияи муосири компютерӣ муаррифӣ намуд.
Маълум гардид, ки дар ин марказ 250 нафар ба кори таъминоти иттилоотии ҳуқуқӣ фаро гирифта шуда, асосан ба технологияи навини иттилоотӣ муҷаҳҳаз буда дорои махзани ягонаи иттилоотии ҳуқуқии «Эталон» мебошад. Ҳангоми вохўрӣ аз кори ҳар як шўъба ва китобхонаи он ҳайати корӣ дидан намуда, бо таҷрибаи таҳлили иттилооти ҳуқуқӣ, таъминоти техникии ҳуқуқэҷодкунӣ ва тарзи кор бо дигар муассисаҳо ва ширкатҳое, ки дар ҷараёни қонунгузорӣ қарор доранд, маълумот пайдо намуданд.
Инчунин дар ҷараёни сафари корӣ дар Парламенти поёнӣ Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Белорус машварати корӣ ва сўҳбати дуҷониба бо Сардори котиботи он хонума Г.И. Юркевич анҷом пазируфт. Дар ҷараёни ин вохўрӣ, Директори Марказ, профессор Раҳимов М.З. оид ба фаъолияти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумхурии Точикистон мухтасар маълумот дод. Сипас аз осорхонаи парламент бо роҳбаладии мудири шўъбаи ҳуқуқии он Н.Н. Кулеш дидан намуда бо фаъолияти қонунгузории палатаи поёнии парлумони Ҷумҳурии Белорус ва таҷрибаи қонугузории он шинос шуданд. Директори Марказ, профессор Раҳимов М.З. оид ба ҷараёни қонунгузорӣ дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод, ки боиси таваҷҷўҳи онҳо гардид.
Дар баробари ин дар ҷараёни сафари хизматӣ ҳайати корӣ бо Раиси Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки роҳбарии онро мўҳтарам Ф.Абдуллоев ба ўҳда доранд вохўрӣ барпо гардида бо ҳайати кории он, ки аз ҷумлаи як қатор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мебошанд мулоқот намуданд.
Ҳамзамон дар рафти сафари хизматӣ бо ҷараёни фаъолияти садорат ва кафедраҳои факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Белорус, таҳти роҳбарии декани факулта, профессор С. А. Балашенко табодули афкор сурат гирифт. Тарафҳо оид ба ҳамкориҳои минбаъда изҳори ақида карда, ба хулоса омаданд, ки муносибатҳои судманди дуҷонибаро дар оянда тақвият медиҳанд.
Натиҷаҳои сафари мазкур хеле ҳам бобарор буданд. Дар фарҷоми он рўзи 9 декабри соли 2011 Ёддошти тафоҳум бо Маркази миллии қонунгузорӣ ва тадқиқотҳои ҳуқуқии маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Белорус ва Созишномаи ҳамкорӣ байни Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии иттилооти ҳуқуқии маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Белорус дар ҳузури сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус Қ.Қоимдодов ба имзо расид.
Ёддошти тафоҳум мубодилаи фаъолияти қонунгузорӣ, гузаронидани машваратҳои дуҷониба оид ба масъалаҳои актуалии инкишофи қонунгузорӣ, анҷом додани тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва нашри мақолаҳои илмиро дар бар мегирад.
Дар асоси Созишномаи ҳамкории ба тасвиб расида бошад аз ҷониби тарафҳо ҳангоми таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо, барномаҳои мақсаднок дар соҳаи иттилоотонӣ, фаъолияти тадқиқотӣ, ворид сохтани технологияҳои комуникатсионӣ ва иттилоотӣ дар соҳаи ҳуқуқ, ҳамзамон гузаронидани конфронсҳои илмӣ-амалӣ, семинарҳо ва дигар чорабиниҳо амалӣ мегардад.