Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор М.З. Раҳимзода ва сардори шӯъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии Марказ, номзади илмҳои ҳуқуқ, У.А. Меликов бо мақсади шиносоӣ ва омӯзиши таҷрибаи Институти қонунгузорӣ ва ҳуқуқшиносии муқоисавии назди Ҳукумати Федератсияи Россия аз 23 то 28 ноябри соли 2015 дар шаҳри Москва қарор доштанд.
Муаррифии фаъолият ва таҷрибаи Институти қонунгузорӣ ва ҳуқуқшиносии муқоисавии назди Ҳукумати Федератсияи Россия аз ҷониби муовини якуми директор, профессор А.Я. Капустин ба роҳ монда шуд. Номбурда доир ба Институти қонунгузорӣ ва ҳуқуқшиносии муқоисавии назди Ҳукумати Федератсияи Россия дар маҷмӯъ маълумот дода, ҳайат ва сохтори онро муаррифӣ кард. Дар сохтори Институт 4 маркази таҳлилӣ, 20 шуъбаи соҳавӣ, 2 лаборатория, китобхона ва 2 маҷаллаи илмии (Российского права, Зарубежного законодательства и сравнительного правоведения) шомили эътимоди Комиссияи олии атестатсионӣ фаъолият мекунанд.
Ҳангоми сафар бо марказҳо ва шуъбаҳои Институт шиносоии бевосита гузаронида шуд. Омӯзиш нишон дод, ки Институт фаъолияташро асосан тибқи нақшаи корӣ ва лоиҳаҳои илмию тадқиқотӣ амалӣ менамояд. Ҳамзамон, Институт бо мақомоти гуногуни давлатӣ (вазорату кумитаҳои давлатӣ, Думаи давлатӣ, Палатаи ҳисоб ва ғ.) ва муассисаҳою ташкилотҳои давлатҳои хориҷа (Донишгоҳи Муфиди Эрон, Институти қонунгузории Қазоқистон, Фонди ҳуқуқи континенталӣ ва ғ.) ҳамкориҳои гуногунро ба роҳ мондааст.
Институт тибқи нақшаҳои корӣ асосан ба лоиҳаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ хулоса пешниҳод намуда, корҳои илмию тадқиқотӣ мегузаронад ва чорабиниҳои силсилавӣ доир ба масаъалаҳои ҳуқуқ баргузор менамояд. Ҳамзамон, дар ҳмкорӣ бо вазорату муассисаҳо тадқиқоти илмии ҳуқуқиро низ амалӣ менамояд.
Институти номбурда дар самти додани хулосаи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ корҳои густурдаро ба роҳ мондааст, чорабиниҳои гуногунро мегузаронад, адбиётҳои зиёде диор ба ин мавзӯъ нашр намудаанд.
Дар Институт бештар аз 200 корманд фаъолият менамояд. Яке аз бахши калонтарин, бахши ҳуқуқи хусусӣ ба шумор меравад, ки 40 нафар кормандро дарбар мегирад.
Дар натиҷаи омӯзиш равшан гардид, ки фаъолияти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон ва Институти қонунгузорӣ ва ҳуқуқшиносии муқоисавии наздиҲукумати Федератсияи Россия бо ҳам шабоҳат дорад ва оянда бояд ҳамкории зич ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон, самтҳои ояндаи ҳамкорӣ муайян гардиданд, ки он метавонад барои ҳар ду тараф муфид бошад. Тарафҳо тасмим гирифтанд, ки минбаъд дар самтҳои гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар соҳи ҳуқуқ, гузаронидани чорабиниҳои гуногун, омода намудани кадрҳо ва дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти кори тарафҳо ҳамкориро ба роҳ мемонанд.
Ҳамзамон, номзади илмҳои ҳуқуқ У.А. Меликов зимни сафар дар Академияи давлатии ҳуқуқи Москва, 26 ноябри соли 2015 дар 17-умин конфронси илмӣ амалии «Кутафинхонӣ»: «Стратегияи миллии рушд ва вазифаҳои илми ҳуқуқ дар Россия» иштирок ва дар мавзӯи «Татбиқи усули фиксияи ҳуқуқӣ вобаста ба интернет» баромад намуд.
Умуман дар рафти сафар заминаҳои ибтидоии ҳамкорӣ ба роҳ монда шуд, ки ин имкон медиҳад дар оянда муносибатҳои тарафайн дар соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ ва қонунэҷоднамоӣ, инчунин тадқиқотҳои муштарак рушд ёбад.