ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Нақши қонун дар ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи инсон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 16/06/2026 - 15:21
     Дар шароити имрӯзаи рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи ҳифз ва таъмини ҳуқуқи инсон, инчунин ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ ва раванди пешрафти иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.[1] Ҳар як давлате, ки ба сӯи субот, адолат ва рушди устувор ҳаракат мекунад, ногузир бояд ҷойгоҳи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар маркази сиёсати худ қарор диҳад. Дар ин раванд қонун ҳамчун воситаи асосии танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва кафолати риояи адолат, суботи ҷомеа нақши хеле муҳим дорад, зеро, маҳз қонун тартиби ҳамзистии ҷомеаро муайян намуда, муносибати давлат ва шаҳрвандро ба низом медарорад.
    Дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир мебошанд, ки ин меъёр аҳамияти волои ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи инсонро дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд ифода менамояд.[2]
      Ҳуқуқи инсон қоидаҳои рафтор мебошад, ки ба ҳар як фард новобаста аз миллат, ҷинс, дин, забон, мавқеи иҷтимоӣ ё ақидаи сиёсӣ ва шаҳрвандӣ ба ин ё он давлат ва ё надоштани шаҳрвандӣ паҳн мегардад.[3] Ин ҳуқуқҳо ба табиӣ ва вазъӣ ҷудо мешаванд. Ҳуқуқҳои табиӣ аз лаҳзаи таваллуд бо инсон ҳамроҳ мебошанд ва онҳоро ҳеҷ як сохтор ё шахс наметавонад аз байн барад.[4] Вазифаи давлат дар ин самт на эҷоди ин ҳуқуқҳо, балки эътироф, кафолат ва ҳифзи амалии онҳо мебошад. Ба чунин ҳуқуқҳо ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ, дахлнопазирии шахсӣ, озодии сухан, виҷдон, таҳсил, меҳнат ва иштироки баробар дар ҳаёти ҷамъиятӣ дохил мешаванд, ки бе онҳо рушди шахс ва ҷомеа имконнопазир аст.
     Қонун ҳамчун пояи асосии низоми ҳуқуқӣ заминаи воқеии ҳифзи ҳуқуқи инсонро ташкил медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз бадастовардани Истиқлол роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро, ки дар он ҳуқуқҳои инсон мавқеи муҳимро ишғол менамоянд, пеша намуд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд зинаи муайянкунандаи рушди давлат ва ҷомеаи ба шумор мераванд. Дар моддаи 14 - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки: «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.»[5] Ин муқаррарот, ки пурра ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, дар боби 2 Конститутсияи мамлакат пешбинӣ шудааст. Ин санади олӣ на танҳо принсипҳои умумии ҳуқуқи инсонро муайян мекунад, балки заминаи ташаккули тамоми низоми қонунгузории кишварро фароҳам меорад.
     Дар баробари он, як қатор қонунҳои соҳавӣ, ба монанди қонунҳо дар бораи ваколатдори ҳуқуқи инсон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва озодии виҷдон, барои татбиқи амалии ин ҳуқуқҳо нақши муҳим доранд ва ба рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат менамоянд. Ҳамзамон, Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба як қатор санадҳои муҳими байналмилалӣ ҳамроҳ шудааст,[6] ки дар миёни онҳо Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсия оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбати занон ва Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ҷойгоҳи махсус доранд. Пайвастан ба ин санадҳо нишон медиҳад, ки давлат уҳдадориҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама уҳдадориҳои худро дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон эътироф намуда, кӯшиш мекунад, ки қонунҳои миллиро ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ созад.
    Нақши қонун дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бисёр муҳим аст, зеро маҳз тавассути қонун фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ниҳодҳои шаҳрвандӣ танзим гардида, иштироки шаҳрвандон дар идораи давлатӣ таъмин карда мешавад.[7] Қонун инчунин барои баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ, таҳкими адолати иҷтимоӣ ва таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ мусоидат менамояд.
     Ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик Маҳкам Маҳмудзода бар он назар аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи асосии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро фароҳам меорад.
    Бинобар ин, метавон хулоса кард, ки қонун ҳамчун воситаи асосии танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқи инсон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши калидӣ дошта, такмили доимии он дар асоси меъёрҳои миллӣ ва байналмилалӣ барои пешрафти ҷомеа аҳамияти бузург дорад ва ҳуқуи инсон дар асоси он беш аз пеш ташаккул меёбад.
    Замоне ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд дар сатҳи қонун мустаҳкам мегарданд, онҳо хусусияти ҳатмӣ касб мекунанд ва риояи онҳо барои давлат ва ҳамаи ниҳодҳо, аз ҷумла шахсони воқеӣ ҳатмӣ мегардад.[8]
Ҳамин тавр, қонун на танҳо як санади меъёрӣ, балки муқарраркунанда, тағйирдиҳанда ва қатъкунанди ҳуқуқу уҳдадориҳои инсону шаҳрванд, воситаи таъминкунандаи адолат ва баробарии иҷтимоӣ дар ҷомеа мебошад.
    Ёдрас шудан бамаврид аст, ки нақши қонун танҳо дар муқаррар намудани ва тағйир додани ҳуқуқу уҳдадориҳо маҳдуд намешавад, балки он тамоми механизмҳои амалӣ намудани онҳоро низ дар бар мегирад.
     Мавҷудияти судҳои мустақил, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои назоратӣ ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки дар ҳолати поймол шудани ҳуқуқҳояшон дар асоси қонун ба ҳимоя муроҷиат намоянд. Суди одилона метавонад барқарорсозии адолатро таъмин намуда, ҳуқуқи вайроншударо ҳифз кунад. Дар баробари ин, қонун барои вайрон кардани ҳуқуқи инсон ҷавобгарӣ муқаррар менамояд, ки ин омили муҳими пешгирии қонуншиканӣ ва нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ ба шумор меравад.
    Ҳамчунин, қонун барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ маҷмӯи муносибатҳо ва сохторҳои иҷтимоист, ки мустақиман фаъолият мекунанд ва манфиатҳои гуногуни шаҳрвандонро ифода менамоянд. [9] Ба ин сохторҳо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ, воситаҳои ахбори омма, иттифоқҳои касаба ва гурӯҳҳои ташаббускор дохил мешаванд. Барои фаъолияти самараноки онҳо муҳити ҳуқуқии устувор, шаффоф ва кафолатнок зарур аст, зеро, танҳо дар чунин шароит ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад нақши воқеии худро иҷро намояд. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» кафолат дода шудааст, ки шаҳрвандон ҳуқуқ доранд барои ҳифзи манфиатҳои худ озодона иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис диҳанд,[10] ки ин яке аз заминаҳои муҳими рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
     Қонун ҳамзамон ҳуқуқҳои асосии шаҳрвандонро, аз ҷумла озодии иттиҳодияҳо, озодии сухан, дастрасӣ ба иттилоот ва ҳуқуқи иштирок дар идораи давлатро кафолат медиҳад.[11] Тавассути ин ҳуқуқҳо шаҳрвандон метавонанд дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа фаъолона иштирок намуда, андешаҳои худро озодона баён кунанд ва фаъолияти мақомоти давлатиро мушоҳида намоянд, зеро ҷомеаи фаъол яке аз нишонаҳои муҳими давлатдории муосир ба ҳисоб меравад. Илова бар ин, сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ низ дар ин раванд нақши муҳим дорад. Шаҳрвандоне, ки аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ огоҳанд, метавонанд онҳоро самаранок ҳимоя намуда, дар рушди ҷомеа фаъолона иштирок кунанд. Баръакс, паст будани сатҳи огоҳии ҳуқуқӣ метавонад боиси поймол шудани ҳуқуқҳо ва суст шудани рушди иҷтимоӣ гардад. Бинобар ин, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
    Дар баробари баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, вазорату идораҳо ва дигар ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ бо роҳи пешбурди фаъолияти босамар дар самти татбиқи амиқу дақиқи қонунҳо, дигар санадҳои ҳуқуқӣ метавонанд ба раванди ҳифзи ҳуқуқи инсон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсири мусбӣ расонанд.
     Дар ҷаҳони имруза ҷиноятҳои фаромиллӣ, ба монандӣ экстремизм, терроризм, савдои одамон ва монанд ба инҳо аз тарафи гуруҳҳои ҷиноятӣ беш аз ҳарвахта содир карда мешаванд.
    Дар ин росто, қонун ва огоҳии инсону шаҳрванд аз меъёрҳои он, бахусус аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ метавонад касро аз пайомадҳои бади ин намуд ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигар эмин нигоҳ дорад.
       Ҳамин тариқ, қонун ҳамчун воситаи асосии танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳифзи ҳуқуқи инсон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши бунёдӣ мебозад. Он на танҳо тартиби рафторро муайян мекунад, балки адолат, баробарӣ ва озодиро таъмин менамояд. Танҳо дар шароити волоияти қонун, фаъолияти самараноки ниҳодҳои давлатӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандон метавон ба рушди устувори ҷомеа, таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд ва густариши демократия ноил гардид, ки дар он ҳуқуқи инсон ҳамчун арзиши олӣ ҷойгоҳи марказӣ дорад.
 
 
      РУЙХАТИ АДАБИЁТ
1. Назарзода Н. Конститутсионализми муосир ва ҳуқуқи инсон. – Душанбе: Ирфон, 2021. – С. 25–27.
2. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон. Моддаҳои 1–2.
4. Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон. Моддаи 1.
5. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. - боби 2.
6. United Nations. Маҷмӯаи санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон. – Ню-Йорк, 1966.
7. Сафаров Ш. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд. – Душанбе: Эр-граф, 2020. – С. 42–45.
8. Матни ҳуқуқшиносии назариявӣ: Назарияи давлат ва ҳуқуқ. – Душанбе, 2022. – С. 118–120.
9. Сафаров Ш. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд. – С. 15–18.
10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» аз 12 майи соли 2007, моддаи 4.
11. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 30, 27 ва 28.
 
 
 
Шарипова Фараҳноз Ҷамшедовна
Мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад