ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

НАҚШИ ФУНКСИЯИ АНДОЗ ДАР НИЗОМИ ФУНКСИЯҲОИ ДАВЛАТ

-A A +A
Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович... Санаи интишор: Чшб, 09/11/2022 - 11:03
НАҚШИ ФУНКСИЯИ АНДОЗ ДАР НИЗОМИ ФУНКСИЯҲОИ ДАВЛАТ
   Андозҳо яке аз қадимтарин ихтирооти инсоният мебошанд. Ягон давлат бе андозбандӣ вуҷуд дошта наметавонад ва дар навбати худ андоз яке аз аломатҳои давлат мебошад. Боиси тазаккур аст, ки андозситонӣ аз давраҳои аввалини пайдоишу инкишофи давлат истифода мешавад. Дар ҳар марҳилаи таърихии рушди ҷомеа мафҳуми «андоз» ҳамзамон бо инкишофи назарияи фаъолияти давлат тағйир меёфт. Дар давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ «андоз» ҳамчун категорияи иқтисодӣ-ҳуқуқӣ дорои мазмун ва моҳияти хоса буда, институти алоҳидаи ҳуқуқӣ-соҳавиро ташкил медиҳад ва таҳкими муқаррароти меъёрии он ҳамчун шарти зарурӣ ҷиҳати пешрафти фаъолияти молиявии давлат ва таъмини иҷрои функсияҳои давлатӣ хизмат менамояд.
   Андоз – пардохтҳои пулии ҳатмӣ, беподош ва бебозгаште мебошанд, ки мақомоти қонунгузор ба воситаи баровандани санади қонун яктарафа онро муқаррар мекунанд. Андоз зимни таъминоти молиявии давлат, аз ҷумла ҷиҳати таъмини молиявии қувваҳои ҳарбӣ, дастгоҳои давлатӣ ва дигар унсурҳои давлат ҳамчун ҷанбаи асосӣ амал менамояд. Ҳамин тавр, фаъолияти соҳаи ҷамъоварии даромади давлатӣ, ки дар ин бобат андозҳо манбаи асосӣ ҳисоб меёбанд, барои мамолики гуногун, аз он ҷумла Тоҷикистон яке аз муҳимтарин вазифаҳои давлатӣ гардидааст.
   Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд муносибатҳои андозиро ҷиҳати амалӣ гардидани функсяи андозбандии давлат тариқи фароҳамоварии заминаҳои ҳуқуқии марбута дар қонунгузорӣ онро танзим намуда, ба роҳ мондааст.
   Дар ин бобат боиси тазаккур аст, ки дар меъёрҳои низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми функсия ё худ мақсади андозбандӣ оварда нашудааст. Меъёрҳои дар Конститутсия таҳкимгардида, ки санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошад, ҳангоми тавзеҳи таъиноти функсияи андозбандӣ мақсад ва вазифаҳои ин самти фаъолияти давлатро саҳеҳ месозанд.
   Мутобиқи моддаи 1 Конститутсия – Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ буда, сиёсати худро дар самти таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона ба ҳар як инсон, амалӣ менамояд. Самтҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳифзи саломатӣ ва ҳифзи меҳнати одамон, муқаррар намудани ҳадди аққали музди меҳнат, кумакпулӣ, нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, дастгирии давлатии модару кӯдак, оила, шаҳрвандони пиронсол ва маъюбон, инчунин дар баробари ин, инкишофи фарогири хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.
   Комилан равшан аст, ки бе захираҳои моддии зарурӣ ва даромадҳои андозӣ иҷрои функсияҳои ичтимоии болозикр, ки мутобиқи Конститутсия ба зиммаи давлат гузошта шудааст, имконнопазир мебошад. Ҳамин тариқ, андоз ҳамчун унсури муҳим дар таъминоти молиявии давлат ва иҷрои вазифаҳои дар Конститутсия муқарраргардида ба ҳисоб меравад ва функсияи андозбандии давлатро ташкил медиҳад.
   Ҷамъоварии андозҳо, инчунин воситаи татбиқи сиёсати андоз мебошад, ки ҳадафи фароҳам овардани шароити зарурӣ барои татбиқи функсияҳои муосири андозбандӣ аст. Татбиқи функсияҳои андоз бевосита бо моҳияти падидаи мазкур бо низоми идораи давлатӣ алоқаманд мебошад.
   Моҳияти воқеии андоз дар нақши андозҳо ва нақши андозҳо дар функсияҳои он таҷассум мегарданд. Бо назардошти он, ки таърихи тӯлонии ташаккул ва рушди функсияи андозбандӣ аз марҳилаи низоми ғуломдорӣ то замони муосирро фарогир мебошад, доктринаи қонунгузории андоз низ аз давраи ғайрисистемавӣ ба системавӣ гузашт.
   Функсияҳои андоз бо хусусияти хоси муносибатҳои андозӣ ба гуногунии вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва идоравии андоз ва шароити иҷрои онҳо ба манфиати давлату шаҳрвандон вобаста мебошад. Функсияҳои андоз сохтори ҳуқуқи андозиро чун соҳаи мустақил ташаккул дода, қоидаҳои асосии он, принсипу усулҳои онро муайян менамояд.
   Андоз бо дарназардошти гуногунии ақидаҳо дар доктринаи муосир дорои 4 функсияи маъмули зерин мебошад:
  1. Функсияи фискалӣ;
  2. Функсияи тақсимбандӣ (иҷтимоӣ);
  3. Функсияи назоратӣ;
  4. Функсияи танзимкунанда:
   Функсияи фискалӣ аз хусусияти андозҳо ҳамчун категорияи иқтисодӣ ва бо муносибатҳои марбут ба ситонидани маҷбурии як қисми даромади шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои ташаккули даромадҳои давлатӣ ифода карда мешаванд.
Таҳти мафҳуми истилоҳи фиск (аз лот. fiscus — сабад) дар Руми қадим дар охири асри I пеш аз милод номи хазинаи хусусии император буд, ки онро шахсони мансабдор идора мекарданд ва аз даромади музофотҳои императорӣ пурра мешуд, фаҳмида мешавад. Аз ин лиҳоз, хазинаи давлат дар муҳити илми ҳуқуқӣ бо истилоҳи «фиск» таъин карда мешавад ва бинобар ин функсияи фискалиро метавон функсияи хазинадорӣ номид.
   Тавассути функсияи фискалӣ мақсади асосии андозбандӣ, яъне ҷамъоварии воситаҳои молиявии давлатӣ ҷиҳати иҷрои барномаҳо ва стратегияҳои умумиҷумҳуриявӣ амалӣ гардонида мешавад. Ҳама функсияҳои дигари андозбандӣ ҳосилаҳои маҳз функсияи фискалӣ мебошанд.
   Заминаҳои иҷроиши ҳуқуқии татбиқи функсияи фискалӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи моддаи 45 Конститутсия, меъёрҳои Кодекси андоз (ба мисол м.14, 26-40) ва меъёрҳои дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ иҷро мегардад. Инчунин, мақоми дахлдори салоҳиятноки давлатӣ дар самти ҷамъоварии андозҳо ҷиҳати иҷрои функсияи мазкур зарур аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи назорати давлатии пардохти пурра ва саривақтии андозҳо мебошад. Функсияҳои асосии Кумита ин таъмини иҷро ва риоя намудани қонунгузории андоз, таҳияи механизмҳои маъмурияти андоз бо мақсади таъмини воридоти саривақтӣ ва пурраи андозҳо ба буҷетҳои дахлдор мебошад.
   Ҳамин тариқ, ба воситаи заминаҳои ҳуқуқии дар қонунгузорӣ таҳкимгардида ва фаъолияти мақоми соҳаи назорати давлатии пардохти пурра ва саривақтии андозҳо функсияи фискалии андоз амалӣ мегардад.
   Функсияи тақсимбандӣ (иҷтимоӣ) дар аз нав тақсим кардани даромадҳои давлатӣ иборат мебошад. Татбиқшавии функсияи иҷтимоии андоз тавассути додани субсидияҳо ё хизматрасониҳои ройгони давлатӣ дар соҳаи маориф ё тандурустӣ ба категорияҳои заифтари шаҳрвандон ба даст меояд. Вазифаи иҷтимоии андозҳо ба ҳалли масъалаҳои ичтимоӣ тавассути тақсимоти даромади миллӣ бо мақсади нигоҳ доштани иқлими мусоид дар чамъият нигаронида шудааст. Иҷрои вазифаи иҷтимоӣ тавассути андоз шарти ҳатмист, ки бе он ҷомеаи муосир вуҷуд дошта наметавонад.
   Мутобиқ ба нуктаҳои болозикр татбиқшавии функсияи мазкур дар қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 189, 347, 353, 361 КАҶТ) ба Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, дорандагони ордени «Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ордени «Зарринтоҷ», ордени «Исмоили Сомонӣ», иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиётҳои ҳарбӣ оид ба муҳофизати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, аз ҷумла ҷанговарони интернатсионалист, иштирокчиёни рафъи оқибатҳои фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил, маъюбони гурӯҳҳои I ва II бо пешбинӣ гардидани имтёзҳои андозӣ таҷассум мегардад.
   Функсияи назоратӣ бошад ба давлат имкон медиҳад, ки сари вақт ва ба пуррагӣ аз даромади буҷет назорат бурда, хаҷми захираҳои молиявиро муқоиса намояд. Функсияи назоратии андозҳо шакли махсуси функсияи муҳофизатии ҳуқуқи молиявӣ ва ҳуқуқи андоз ҳамчун зербахши он мебошад.
Яке аз вазифаҳои муҳими функсияи назоратии андоз санҷиши риояи дақиқи қонунгузорӣ дар бораи андозҳо ва пардохтҳо ва инчунин назорати саривақт ва ба пуррагӣ иҷро гардидани уҳдадориҳои молиявӣ дар назди низоми буҷетӣ мебошад.
   Функсияи танзимкунанда ба ҳалли вазифаҳои муайяни сиёсати иктисодии давлат тавассути механизмҳои қонунгузории андоз нигаронида шудааст. Функсияи мазкур ба танзими ташаккул, рушд ва барқарорсозию пешгирии истеҳсол ё истеъмоли намудҳои муайяни мол, фаъолият ё хизматрасонӣ равона гардидааст. Яъне, давлат дорои иқтидори фароҳам овардани шароити мусоид ё номусоид барои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидорӣ буда, дар марҳилаи муайяни рушди иқтисодиёти худ ба он самтҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, ки афзалиятнок ҳисоб менамояд, тариқи функсияи танзимкунанда дастгирии онро амалӣ менамояд.
   Боиси тазаккур аст, ки функсияи танзимкунандаи андоз 3 зерфунксияро дар бар мегирад:
 а.) ҳавасмандкунанда; b.) ғайриҳавасмандкунанда; с.) репродуктивӣ.
   Зерфунксияи ҳавасмандкунанда – унсури функсияи танзимкунандаи андоз буда ба дастгирии инкишофи равандҳои муайяни иқтисодӣ нигаронида шудааст. Он тавассути низоми имтиёзҳо амалӣ карда мешавад. Низоми мавҷудаи андозбандӣ ба соҳибкорони хурд ва инфиродӣ, соҳибкории маъюбон, истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ташкилотҳое, ки ба фаъолияти истеҳсолӣ ва эҳсонкорӣ сармоягузорӣ мекунанд ва ғайра доираи васеи имтиёзҳои андозиро фароҳам меорад.
   Зерфунксияи ғайриҳавасмандкунанда ҳамчун унсури функсияи танзимкунандаи андоз ба муқаррар намудани монеаҳо дар роҳи инкишофи ҳар гуна равандҳои иқтисодӣ бо бори андозӣ нигаронида шудааст.
  Зерфунксияи репродуктивӣ барои ҷамъ намудани маблағ ҷиҳати барқарор кардани захираҳои истифодашуда пешбинӣ шудааст.
   Бо дарназардошти ин бояд дарҷ намуд, ки низоми муосири андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо иҷроиши уҳдадориҳои буҷетиро таҷассум менамояд, инчунин он механизми муосири таъсиррасониро ба фаъолияти субъектҳои хусусӣ фаро мегирад. Яке аз ҷанбаҳои инъикоскунандаи механизми татбиқи функсияи танзимкунандаи андоз дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани низоми махсуси андозбандӣ (моддаи 25) мебошад, ки тартиби махсуси андозбандиро, усулҳои содакардашудаи ҳисоб ва пардохти намудҳои алоҳидаи андоз, инчунин пешниҳоди ҳисоботи андозро пешбинӣ менамояд. Мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ (м.363-365), андозбандии субъектҳои бозори қоғазҳои қиматнок(м.366), фаъолияти паррандапарварӣ ва истеҳсоли омехтаи хӯроки паррандаву чорво(м. 395), бо низоми содакардашуда ва низоми махсус андозбандӣ мегарданд, ки албатта, сабукиҳо ва имтиёзҳои дахлдорро аз ҷониби давлат ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ва рушди ин навъи фаъолиятҳо равона гардидааст, пешбинӣ менамояд.
   Ҳамин тариқ, андоз ҳамчун яке аз нишонаҳои давлат буда, бо таърихи тӯлонии ташаккул ва рушди функсияҳои он ҳамрадиф буда, дар марҳилаи муосири таърихӣ ҳамчун падидаи муҳим дар низоми фаъолияти ҳуқуқӣ–иқтисодии давлат дорои мафҳуму моҳият, мақсаду вазифаҳо ва ниҳоят функсияҳои болозикр мебошад.
Функсияҳои андоз самтҳои асосии иҷрои вазифаҳои фискалӣ, иҷтимоӣ, назоратӣ ва танзимкунандаи андоз буда, шароити иҷрои онҳо ба манфиати давлату шаҳрвандон вобаста мебошад. Андоз бо дарназардошти функсионали ин падида на танҳо барои таъмини иҷроиши нақшаҳои буҷетӣ, балки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ-сиёсӣ ва молиявӣ равона мегардад.
 
             Фаттоев М.С.
мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)