Раҳимов М.З. Осори интихобшуда оид ба ҳуқуқи гражданӣ ва соҳибкорӣ / М.З. Раҳимов. Душанбе: «Бухоро», 2014.-638с.
Маҷмуаи мазкур барои доираи васеи хонандагон ва шахсоне, ки барои омўзиши меҳнат ва ҳаёти илмии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимзода М.З. ҳавасманд мебошанд, тавсия карда мешавад.
Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» / Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Раҳимов М.З. Муаллифон: Раҳимов М.З., д.и.ҳ., проф., Баҳриддинов С.Э., н.и.ҳ., Саидвалиева Б., н.и.ҳ. ва ғайра. Душанбе: «Бухоро», 2014. 288с.
Дар китоби мазкур Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 26 марти соли 2009 бо тағйиру иловаҳои минбаъда оварда шудааст. Дар он масъалаҳои вобаста ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва принсипҳои асосии он, мафҳум ва намудҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таносуби байни онҳо, тартиби умумии таҳия, қабул, интишор ва мураттабсозии онҳо, инчунин роҳҳои ҳалли ихтилофҳои ҳуқуқӣ мавриди тафсир қарор дода шудааст.
Тафсири мазкур барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, қонунгузорӣ, судӣ, аспирантон, устодони факултетҳои ҳуқуқшиносӣ, донишҷўён ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ тавсия карда мешавад.
Ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ дар ҳуҷҷатҳо (Ҷамъоварии санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ва қонунгузории дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) / М.З. Раҳимзода, Ф.А. Маҳмадшоев, М.Н. Раҷабов. Душанбе: «Империал-Групп», 2014.
Маҷмўаи мазкур барои доираи васеи хонандагоне, ки муносибатҳои мазкурро мавриди омўзиш ва татбиқ қарор медиҳанд, равона карда шудааст. Нашрия доир ба масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ тарҳрезӣ шуда, инчунин аз ҷониби таҷрибаомўзони ҳамаи сатҳҳо, мақомоти иҷроия ва судӣ, нотариат, сохторҳои тиҷоратӣ, устодони донишгоҳҳо, донишҷўён, аспирантон, дар фаъолияти ҳуқуқи байналмилалӣ, истифода баранд.
Пулатов А.С. Танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкории субъектҳои хоҷагидории хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон / А.С. Пулатов; Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Раҳимов М.З. Душанбе: «Империал-Групп», 2014.-208с.
Рисолаи мазкур ҳамчун дастури тавсиявӣ барои донишҷўён, аспирантон, устодони факултети ҳуқуқшиносӣ, таҷрибаомўзон, соҳибкорон ва ҳамаи онҳое, ки ба масъалаҳои танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкории субъектҳои хоҷагидории хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мароқ доранд, муфид мебошад.
Истилоҳоти соҳаи молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон / М.З. Раҳимов, С.Э. Баҳриддинзода, Ҷ. Бобоев, И. Азизов, Б. Дамонов. Душанбе: «Империал-Групп», 2014.- 272с.
Китоби мазкур ба кормандони вазорату идораҳо оид ба истифодаи қонунгузории соҳави молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ, инчунин доираи васеи хонандагон тавсия карда шуда, барои омўзиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат хоҳад намуд.
Истилоҳоти соҳаи кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон / М.З. Раҳимов, А.С. Пулодов, Ҷ.М. Ғуломҳайдаров, Ҷ.И. Фархудинов. Душанбе: «Шаҳпар», 2014.-228с.
Китоби мазкур ба кормандони вазорату идораҳои оид ба истифодаи қонунгузории соҳаи аграрӣ ва ҳифзи муҳити зист, инчунин доираи васеи хонандагон тавсия карда шуда, барои омўзиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат хоҳад намуд.
Истилоҳоти соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм ва маориф дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон / М.З. Раҳимов, А.Қ. Каримов, И.Р. Саидов, А.Р. Розиқова, Н.А. Касиров. Душанбе: «Бухоро». -2014.-156с.
Китоби мазкур ба кормандони вазорату идораҳо оид ба истифодаи қонунгузории соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм ва маориф, инчунин доираи васеи хонандагон тавсия карда шуда, барои омўзиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат хоҳад намуд.
Истилоҳоти соҳаи сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон / М.З. Раҳимов, Н.А. Табаров, Д.Д. Назаров, О.Ш. Холиқов. Душанбе: «Азия-Принт». -2014.-172с.
Истилоҳоти мазкур ба кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва доираи васеи хонандагон тавсия карда мешавад.
Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва мушкилот (Маводҳои конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, ш. Душанбе, 17 марти соли 2014) / Зери таҳрири доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимов М.З. Ҳайати таҳририя: М.З. Раҳимов, С.Э. Баҳриддинов, Ҷ.Қ. Бобоев, У.А. Меликов, Ф.А. Маҳмадшоев, А.Д. Каримов, Пулотов А.С. - Душанбе, 2014, 294 саҳ.
Китоб ба масъалаҳои сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он масъалаҳои гуногуни сиёсати ҳуқуқӣ, аз нигоҳи мутахасиссони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иҷроия, қонунгузорӣ, судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои илмӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Ҳамзамон оид ба рушд ва мушкилоти ҷойдошта дар соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ ибрози ақида карда шудааст.
Китоби мазкур барои кормандони илмӣ, устодони мактабҳои олӣ, донишҷўён ва ҳамаи шахсоне, ки ба масъалаҳои сиёсати ҳуқуқӣ таваҷҷуҳ доранд, тавсия мешавад.
ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ БЕДАРАК ГУМШУДАГОН ТИБҚИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муаллифон: Меликов У.А., Бобоев Ҷ.Қ., Пулатов А.С. /
Зери таҳрири Раҳимоф М.З., доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2014, 131 с.
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳуприи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх таҳлили муқоисавии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талаботи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки вазъи ҳуқуқии гумшудагонро муқаррар менамоянд, гузаронид.
Дар рафти гузаронидани таҳлили мазкур аз тарафи кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳуприи Тоҷикистон зиёда аз 100 санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаи вазъи ҳуқуқии гумшудагон ва таҷрибаи ҳуҷҷатгузорӣ оид ба гумшудагон дар мақомотҳои давлатӣ омӯхта шуда, меъёрҳои қонунгузории миллӣ бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ ва қонуни намунавӣ оид ба гумшудагон мавриди муқоиса қарор гирифтааст.
Чунин таҳлил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор бо мақсади таҳия намудани пешниҳодот оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии гумшудагон ва хешовандони онҳо гузаронида шудааст. Таҳлил аз 6 боб ва 19 банд иборат буда, дар он масъалаҳои асосии ҳуқуқӣ оид ба гумшудагон ифода ёфтаанд.