Раҳимов М.З. Тафсири Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Нашри дуввум) / М.З. Раҳимов д.и.ҳ., проф., Н.А. Табаров. Душанбе: «Эр-граф», 2013.- 504с.
Тафсир дар асоси таҳлили маъёрҳои Кодекс дар алоқамандии системавии онҳо бо қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо назардошти муқаррароти назарияи ҳуқуқи мурофиавӣ ва таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ омода карда шудааст.
Тафсири мазкур китоби рўимизии на танҳо судяҳову судҳои иқтисодӣ, балки ҳама иштирокчиёни мурофиаи судии иқтисодӣ низ мебошад. Вай метавонад барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, адвокатҳо, кормандони илмӣ, соҳибкорон, омўзгорон, донишҷўён ва аспирантони мактабҳои олӣ ва факултетҳои ҳуқуқшиносӣ, ҳамаи ҳуқуқшиносон ва шаҳрвандоне, ки ба масъалаҳои мурофиаи судии иқтисодӣ мароқ доранд, муфид мебошад.
Тафсири Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қ.3) / М.З. Раҳимов, А.М. Адулхолиқов, Ш.К. Ғаюров, Ҷ.Қ. Бобоев ва ғ. Зери таҳрири доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимов М.З. Душанбе: «Эр-граф», 2013.- 303с.
Дар Тафсири қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти зеҳнӣ, мерос ва ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ бо назардошти талаботи қонунгузории амалкунанда ва таҷрибаи судӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст.
Тафсир барои кормандони мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, адвокатҳо, ҳуқуқшиносон, донишҷўёни факултети ҳуқуқшиносӣ ва доираи васеи хонандагон тавсия карда мешавад.
Тафсири Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон / Ҷ.Қ. Бобоев, А.Р. Нематов, Ҷ.М. Ғуломҳайдаров, М.Н. Қурбонова, Ф.Н. Ҷабборов; Зери назари д.и.ҳ. профессор Раҳимов М.З. Душанбе: «Ирфон», 2013.-292с.
Тафсири мазкур яке аз аввалин тафсирҳое маҳбус меёбад, ки дар он ба таври алоҳида меъёрҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор дода шудаанд. Дар он роҷеъ ба масъалаҳои мақсад ва вазифаҳои Кодекси оби ҶТ, тартиб ва шартҳои ба истифода додани объектҳои об, ҳуқуқу уҳдадориҳои истифодабарандагони об, истифодаи объектҳои об бо мақсадҳои гуногун ва дигар масъалаҳои вобаста ба об сухан меравад.
Тафсири мазкур барои кормандони мақомотҳои соҳавӣ, адвокатҳо, ҳуқуқшиносон, донишҷўёни мактабҳои олӣ ва шахсоне, ки ба масъалаҳои об таваҷҷуҳ доранд, тавсия карда мешавад.
Маводҳои конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Ҷавобгарии ноболиғон: масоил ва роҳҳои ҳалли он» (Маҷмуаи мақолаҳо) / Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Раҳимов М.З. Душанбе: «Азия – Принт», 2013. - 256с.
Маҷмуаи мазкур барои хонандагони мактаб, донишҷўён, аспирантон, муаллимон, волидон ва дигар шахсоне, ки тарбияи фарзандро бар дўш доранд, тавсия карда мешавад.
Маводи конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи: «20-солагии аъзошавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид» / Зери таҳрири доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимов М.З. Душанбе: «Орбита», 2013.-429с.
Китоби мазкур ба масъалаҳои 20 соли ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид бахшида шудааст. Дар доираи он масъалаҳои гуногунпаҳлўи равобити ҶТ ва СММ ҳамаҷониба баррасӣ гардидаанд.
Китоб барои донишҷўён, аспирантон, устодони мактабҳои олӣ, кормандони илм ва ҳамаи он шахсоне, ки ба омўзиши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид мароқ доранд, тавсия карда мешавад.