ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1674 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАЗИНАДОРӢ Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1669 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИҲОЛПАРВАРӢ Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1668 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АССОТСИАТСИЯИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Пшб, 24/10/2024 - 11:37
   Коррупсия ҳамчун зуҳуроти манфӣ дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳодисаи нав набуда, ин зуҳуроти номатлуб аз давраҳои хеле қадим арзи ҳастӣ дорад. Дар замонҳои қадим «коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда ва зараррасонанда маънидод шуда, афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.
    Раванди ташаккули мафҳуми ҳозираи коррупсия чанд ҳазорсоларо дар бар гирифта, имрӯз ҳам ҳамчун хатари ҷиддӣ ба яке аз масъалаҳои ташвишовар ва муаммои душвори замони муосир табдил гардидааст. Яке аз мафҳумҳои бештар маъмули коррупсияро Конгресси нуҳуми Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кардааст, ки он чунин аст: «коррупсия – сӯистеъмол аз ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ мебошад».
     Муқовимат ба коррупсия ба яке аз самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатҳо дар ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Кишваре нест, ки бо ин мушкилот рӯ ба рӯ нашуда бошад ва алайҳи он муборизаи сартосарӣ набарад. Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад.
   Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ пайваста аз оқибатҳои харобиовари коррупсия ҳушдор дода, онро зуҳуроти номатлубе медонанд, ки ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Ба таъкиди Сарвари давлат: “Коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад».
     Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ хавфи воқеии онро дар таъмини инкишофи минбаъда дарк намуда, мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дод.
   Маҳз иродаи қавии Пешвои муаззами миллат ҳамчун сарчашмаи асосии ташкилу фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии муқовимат ба коррупсия дар мамлакат арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла, 21-уми июли соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)» ба тасвиб расида, ҷиҳати амалисозии воқеии муқовимат алайҳи ин зуҳурот 10-уми декабри ҳамон сол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул карда шуд, ки минбаъд Қонуни мазкур бо ба инобат гирифтани уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия гардид.
     Дар сатҳи байналмилалӣ бошад, соли 2003 ба Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд шомил гардидани кишвари мо аз иқдом ва қадамҳои устувори такмили қонунгузорӣ дар ин самт ба ҳисоб меравад. Бо дарки саривақтии оқибатҳои ногувори хатари ин зуҳуроти номатлуб Љумњурии Тоҷикистон соли 2006 Конвенсияи зидди коррупсияи Созмони Милали Муттаҳидро ба имзо расонда, соли 2008 онро тасдиқ кард ва ҳамчун қисми таркибии низоми қонунгузории кишвар эътироф намуд.
  Дарвоқеъ, сатҳи муқовимат ба коррупсия дар ин ё он кишвар аз сиёсати пешгирифтаи зиддикоррупсионии ҳар як давлат вобастагӣ дорад. Тавре дида мешавад, сиёсати зиддикоррупсионии давлати мо ифодакунандаи иродаи ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо мақсади коҳиш додан ва батадриҷ решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ҷамъият ва давлат аз таҳдидҳои бо коррупсия алоқаманд равона гардидааст.
   Қобили зикр аст, ки яке аз дастовардҳои муҳими дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ин бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта, таъсис додани Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он ба сифати мақоми махсусгардондашудаи муқовимат ба коррупсия шуруъ аз 10-уми январи соли 2007 фаъолият дорад. Албатта, ин иқдом изҳори мавқеи устувори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муборизаи оштинопазир ба коррупсия ва таҳаммулнопазирии он ба ин зуҳуроти номатлуб маҳсуб ёфта, ин рӯйдод дар таърихи ҳаёти ҳуқуқии кишвар саҳифаи навро боз намуд.
Баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» асосҳои ташкилию ҳуқуқии мақомот ва амалисозии сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон батадриҷ мустаҳкам шуда, ҷиҳати гузоштани заминаҳои ҳуқуқӣ дар самти муқовимат алайҳи он зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқии комил қабул гардидааст.
     Бо назардошти оқибатҳои ногувори ин зуҳуроти номатлуб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 августи соли 2013 Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 тасдиқ шуда, дар доираи он самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия муайян намуд. Дар асоси ин Стратегия бояд дар тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо назардошти соҳаи фаъолияти худ таҳия ва мавриди татбиқ қарор гиранд. Ва соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади дигари барномавӣ - Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021 -2025) тасдиқ карда шуд.
     Маҳкум намудани зуҳуроти коррупсия ва ҳамчунин андешидани чораҳои ҳамаҷониба ҷиҳати рафъи он аз иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат дар самти муқовимат бо коррупсия дарак медиҳад. Дар шароити Тоҷикистон мубориза бо кирдорҳои коррупсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон карда шудааст. Албатта, мавҷудияти иродаи сиёсии муқовимат бо коррупсия заминаи муҳиме барои равона намудани тамоми нерӯ ва зарфиятҳо дар ин самт мебошад. Иродаи сиёсии сарвари кишвар дар самти муқовимат бо коррупсия метавонад муттаҳидсозандаи субъектҳои зиддикоррупсионӣ дар атрофи ҳадафи ягона поён бурдани сатҳи коррупсия дар Тоҷикистон гардад. Бо амалӣ намудани ин ирода ҷомеаи мо метавонад тадриҷан ба паст намудани сатҳи мушкилоти коррупсия мушарраф гардад.
     Дар ин ҷост, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муассисаву корхонаҳои давлатӣ ва воситаҳои ахбори омма дар амалигардонии пешгирии коррупсия роҳҳои гуногуни он, аз қабили тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ, таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ, таҳлили хавфҳои коррупсионӣ, мониторинги зиддикоррупсионӣ, экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, чораҳои назорати давлатии молиявиро васеъ ба роҳ монда, дар ин самт мунтазам корбарӣ менамояд.
Бо иродаи устувори сиёсати зиддикоррупсионии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва мубориза бар зидди он тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Масалан, вақте ки шаҳрвандон аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба қонун эҳтиром мегузоранд, ҳамаи амалҳои худро дар доираи расмияти қонунӣ ба роҳ мемонанд ва торафт доираи ҳаракатҳои коррупсионӣ маҳдуд мегардад.
     Дар шароити имрӯзаи рушди Тоҷикистон муқовимат бо коррупсия як мақсади муҳим ва рӯзмарра мебошад. Пеш аз ҳама, ба мо зарур аст, то миёни аҳли ҷомеа ва хизматчиёни давлативу ҷамъиятӣ чунин фаҳмишеро тақвият бахшем, ки коррупсия зуҳуроти хафнок барои амнияти миллату давлати мо мебошад. Ба мо зарур аст, ки сиёсати ҳамаҷониба ва фарогири зиддикоррупсиониро ба роҳ монем ва сатҳи коррупсияро дар кишвар паст намоем. Дар ин маврид зарур мешуморем, ки ҳар як соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ дар мавриди эҳтимолиятҳои ҷой доштани унсурҳо ва омилҳои коррупсионӣ мавриди омӯзиш қарор бигирад ва чораҳои самараноки рафъи коррупсия дар ҳар як соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ андешида шавад.
     Айни замон, дар миқёси кишвар барои ба вуҷуд овардани фазои умумии тоқатнопазирӣ нисбати коррупсия, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба роҳ монда шудааст. Вале набояд фаромӯш кард, ки мубориза бар муқобили коррупсия натанҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст. Дар ин самт аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд низ бояд бетараф набошад, зеро дар ин сурат мо метавонем порахӯрию ришваситониро дар мамлакат коҳиш диҳем.
     Ҳамин тавр, ҳамаи мақомотҳо ва аҳолии ҷумҳуриро мебояд, ки бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ муборизаи беамон бурда, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро, ки дар Паёмҳои худ ироа менамоянд, сармашқи кори хеш қарор диҳанд ва барои зиндагии шоиста ва бо дасту дили пок ҳаёт ба сар бурдан камари ҳиммат банданд.
 
МУСТАФОҚУЛОВ ДОВАРШОҲ БАЁНҚУЛОВИЧ,
мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузорӣ оид
ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад