ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort descending Ҳолат Замима
Конститутсия 1 КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАЪЙПУРСИИ УМУМИХАЛҚӢ Амалкунанда Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort descending Ҳолат Замима
Қонун 184 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИҶОРА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии ҶТ 06.12.1990 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort descending Ҳолат Замима
ҚОНУН 378 ДАР БОРАИ ТАҒЙИР ДОДАНИ НОМИ ҶУМҲУРИИ ШӮРАВИИ СОЦИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31.08.1991 Амалкунанда Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon ZIP

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Масоили қонунгузории ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон»

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 20/01/2020 - 12:50

 

 

9 ноябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзўи «Масоили қонунгузории ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагон аз мақомоти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар вазорату муассисаҳо ширкат намуданд. Кори мизи мудаввар бо сухани ифтитохии муовини якуми Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Баҳриддинзода С.Э. оғоз гардид. Мавсуф қайд намуд, ки дар шароити ҳозира ҷараёни инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, бахусус соҳаи хоҷагии ҷангал хеле мубрам буда, зарурияти таҳлил ва такмил додани қонунгузории ҷангалро тақозо менамояд. Ислоҳоти соҳаи ҷангал, инкишофи инфрасохтори он ва таъмини шароит барои ташкили минтақаҳои сайёҳӣ ҷанбаи иқтисодӣ дорад, ки ин ба баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум аз манфиат холӣ набуда, яке аз мақсадҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин самт, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии рушди хоҷагии ҷангал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 қабул гардидааст, ки ба ҳолати минбаъдаи инкишофи қонунгузории ҷангал асос гузошт.

Сипас тибқи барномаи тарҳрезигардидаи мизи мудаввар сухан ба Муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Мустафо дода шуд. Мавсуф барои ташкил намудани чунин як мизи мудаввар дар сатҳи баланд ва иштирок намудан дар он изҳори сипос намуданд ва баъдан оиди масоили қонунгузории ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон фикри худро иброз намуданд. Баъдан сухан ба баромадкунандагон дода шуд.

Ҳамин тариқ, дар мизи мудаввар меҳмонон Қурбонов Шодибек муовини сардори Бозрасии назорати ҷангал ва шикор дар мавзўи «Таҳлили қонунгузории соҳаи ҷангал дар давраи истиқлолият ва аҳамияти он дар танзими соҳа», Шарипов Давлаталӣ сардори Бозрасии назорати ҷангал ва шикор «Асосҳои ҳуқуқии назироти давлатӣ дар ҳифз ва ҳимояи фонди давлатии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҷаборов Ф корманди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Танзими ҳуқуқии бунёд ва барқарор намудани ҷангал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҳисайнов Нуралӣ директори Муассисаи давлатии Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал «Мулоҳиза оид ба такмили заминаҳои қонунгузорӣ дар масъалаи танзими ҳуқуқии истифодаи захираҳои ҷангал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайраҳо.

Дар охири мизи мудаввар, иштирокчиён ба қисми мубоҳиса гузашта таклифу пешниҳоди худро манзури аҳли толор намуда, ба саволҳои худ посухҳои пурра гирифтанд. Қайд карда шуд, ки Марказ тамоми таклифу пешниҳоди воридшударо мавриди назар гирифта, барои боз ҳам муккамал намудани Кодекси ҷангал ва такмил додани қонунгузории хоҷагии ҷангал кўшиш ба харҷ медиҳанд.

Аксҳо аз ҷараёни чорабинӣ:

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад