ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1993 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

МАҚОМ ВА НАҚШИ ҲУҚУҚИ ИНТИХОБОТӢ ДАР РАВАНДИ МАЪРАКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 27/02/2025 - 15:04
     Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ - бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид. Дар давлати демократӣ халқ сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба шумор рафта, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Яъне, арзиши меҳварии демократияро ҳуқуқи иштироки озодонаи халқ дар ташаккули ҳокимият ва идоракунии корҳои давлатӣ ташкил медиҳад.
     Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот муайян гардида [4], ин меъёри дорои аҳамияти сиёсӣ ва моҳияти мардумсолорӣ ба ҳар як шаҳрванди давлат имконияти иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ва изҳори озодонаи ақидаро дар ташаккули ҳокимияти давлатӣ фароҳам меорад.
     Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати мустаҳкаму устувор намудани ниҳоди интихоботӣ ва боло бурдани эътимоди мардум ба институти мазкур бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ, стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи замони муосир тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ мунтазам роҳандозӣ мегарданд. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”, инчунин, таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси қонуни алоҳида муайян намудани асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти мақоми мазкур аз ҷумлаи тадбирҳои муҳимест, ки ҷиҳати таҳкими ниҳоди интихоботӣ ва амалигардонии ҳуқуқи интихоботӣ мусоидат менамояд.
     Ҳуқуқи интихоботӣ яке аз муҳимтарин ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрванд маҳсуб ёфта, дар баробари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, дар санадҳои байналмилалӣ низ мустаҳкам гардидааст. Аз ҷумла, моддаи 21-уми Эъломияи умумии ҳуқуқи башар муқаррар намудааст: “Иродаи халқ бояд асоси ҳокимияти ҳукумат бошад; ин ирода бояд ба воситаи интихоботи давра ба давра ва бидуни сохтакорӣ, ки дар сурати мавҷудияти ҳаққи интихоботи умумӣ ва баробар бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ ё тавассути шаклҳои дигари баробар, ки овоздиҳии озодонаро таъмин менамоянд, ба амал бароварда мешавад” [11].
      Дар моддаи 25-уми Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ омадааст, ки ҳар як шаҳрванд бояд бидуни ягон навъ табъиз ва маҳдудиятҳои беасос ҳуқуқ ва имкониятҳои зеринро дошта бошад:
- дар пешбурди корҳои давлатӣ чи бевосита ва чи ба воситаи намояндагони ба таври озод интихобшуда ширкат намояд;
- дар интихоботи озоди даврӣ, ки дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ ва баробар бо овоздиҳии пӯшида ва таъминкунандаи иродаи озоди интихобкунандагон доир карда мешаванд, иштирок намояд ва интихоб шавад;
- дар кишвари худ аз имконияти умумии баробар ба хизмати давлатӣ истифода намояд [9].
     Инчунин, мутобиқи Конвенсия “Дар бораи стандартҳои интихоботи демократӣ, ҳуқуқҳо ва озодиҳои интихоботӣ дар давлатҳои аъзои ИДМ” аз 7 октябри соли 2002 (бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 октябри соли 2003, №918 тасдиқ (ратификатсия) шудааст) ҳар шаҳрванд ҳангоми расидан ба синни муқаррарнамудаи конститутсия ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб намудан ва интихоб шуданро дорад [3].
      Истилоҳи “ҳуқуқи интихоботӣ” ҳам ба маънои объективӣ ва ҳам субъективӣ дар адабиётҳои ҳуқуқӣ тавзеҳ дода шудааст. Ба маънои объективӣ ҳамчун низоми меъёрҳои ҳуқуқии танзимкунандаи тартиби тайёрӣ ва баргузории интихобот ва ба маънои субъективӣ чун ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба интихоб намудан ва интихоб шудан ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ.
      Дар фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ зери мафҳуми ҳуқуқи интихоботӣ маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқие шарҳ дода шудааст, ки тартиби ташкил ва ҷамъбасти интихоботи намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва Раиси ҷумҳурро танзим карда, усулҳои низоми интихоботро муқаррар менамоянд [10].
      Дар адабиётҳои дигар зери истилоҳи ҳуқуқи интихоботӣ имконияти шаҳрванд вобаста ба интихоб намудан (ҳуқуқи интихоботии фаъол) ва интихоб шудан ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ (ҳуқуқи интихоботии ғайрифаъол) фаҳмида мешавад [1, 8].
      Аз ҷониби олими олмонӣ Х.Майер ҳуқуқи интихоботӣ ҳамчун тартиби муайянкунандаи шарти рақобат, нигоҳдорӣ ва аз даст додани ҳокимияти сиёсӣ, ки дар қонунгузорӣ мустаҳкам гардидааст, маънидод шудааст [8].
      Дар муҳлатҳои дарози таърихӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ маҳдудиятҳои гуногун ба назар мерасиданд, аз ҷумла вобаста ба ҷинс, синну сол, вазъи молумулкӣ ва монанди инҳо. Доираи интихобкунандагон, ки дорои ҳуқуқи интихоботии фаъол мебошанд, дар ҷараёни инкишофи таърихӣ ба таври назаррас васеъ гардид. Дар раванди интихобот иштирок намудани занон яке аз дастовардҳои муҳиммест, ки дар самти мазкур ба назар мерасад.          Агар ба таҷрибаи давлатҳои дигар назар намоем, маълум мегардад, ки дар бештари давлатҳо занон ҳуқуқи интихоботиро танҳо дар асри гузашта ба даст оварданд, аз ҷумла Австралия соли 1902, Дания 1908, Норвегия 1913, Нидерландия 1917, Олмон 1918, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 1920, Англия 1928, Испания 1931, Шветсария бошад, соли 1971. Аввалин давлате, ки ба занон ҳуқуқи интихоботии фаъол ва ғайрифаъолро кафодат дод, Финляндия мебошад (соли 1906). Дар асри XXI бошад, ба қатори давлатҳое, ки ба занон дастрасии ҳуқуқи интихоботиро таъмин намуданд, Қувайт соли 2005, Аморати Муттаҳидаи Араб 2006 ва Арабистони Саудӣ 2015 дохил мешаванд [12].
     Ҳамзамон, маҳдудияти молумулкӣ дар таҷрибаи давлатҳо бисёр маъмул буда, танҳо онҳое метавонистанд овоз диҳанд, ки андоз супоридаанд ё молу мулки кофӣ барои иштирок дар интихоботро доранд. Дар таҷрибаи аксарияти давлатҳо муҳдудияти молумулкӣ барои ҳуқуқи интихоботии ғайрифаъол ҳоло низ ба назар мерасад.
    Бо пешрафти ҷомеа маҳдудиятҳои зиёд аз байн рафта, дар давлатҳои демократӣ ба рушду инкишофи ҳуқуқи интихоботӣ ҳамчун воситаи эҳтиром ба иродаи халқ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар раванди маъракаҳои интихоботӣ ҳар як шаҳрванд метавонад дар ташаккули ҳокимияти давлатии ҷавобгӯ ба манфиатҳояш ширкат намояд, яъне баҳамоӣ ва ҳамоҳангии манфиатҳои умумӣ ва хусусӣ мушоҳида мегардад. Раванди мазкур аз маҷмуи чорабинӣ ва амалҳое иборат аст, ки барои ташкил ва гузаронидани интихобот, инчунин, муайян намудани самти ҳаракати ҷомеа ва дурнамои рушду инкишоф нигаронида шудааст.
     Раванди маъракаҳои интихоботӣ аз якчанд марҳилаҳо иборат аст, аз ҷумла эълони интихобот, ташкили комиссияҳои интихоботӣ, пешбарии номзадҳо, супоридани гарави интихоботӣ, бақайдгирии номзадҳо, тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон, ташвиқоти пешазинтихоботӣ, овоздиҳӣ, ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ ва муайян кардани натиҷаҳои интихобот. Дар раванди мазкур нақши ҳуқуқи интихоботӣ дар ҷодаи танзими равандҳои интихоботӣ, таъмини шаффофият ва адолат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, танзими таблиғоти пешазинтихоботӣ ва пешбинӣ намудани ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонунгузории амалкунанда, назаррас мебошад.
    Ҳуқуқи интихоботӣ принсипҳо ва қоидаҳои баргузории маъракаҳои интихоботиро муайян менамояд. Принсипҳои ҳуқуқи интихоботӣ талабот ва шартҳои асосие ба шумор мераванд, ки риоя накардани онҳо боиси ғайриқонунӣ эътироф намудани интихобот мегардад. Интихобот дар асоси принсипҳои умумӣ, баробар, бевосита ва бо овоздиҳии пинҳонӣ гузаронида мешавад. Иштирок дар интихобот озод ва ихтиёрӣ мебошад.
      Тибқи принсипи умумӣ шаҳрвандоне, ки ба синни муқаррарнамудаи қонунгузорӣ расидаанд, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқи интихоб карданро доранд. Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ғайриқобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан надоранд.
     Принсипи баробарӣ маънои онро дорад, ки интихобкунандагон дар интихобот дар асоси ҳуқуқи баробар иштирок мекунанд ва ҳар кадоми онҳо як овоз доранд. Шарти иштирок дар интихобот ба ҳамаи шаҳрвандон баробар ва якхела буда, интихобкунандагон танҳо дар рӯйхати як участкаи интихоботӣ ба қайд гирифта мешаванд.
      Дар асоси принсипи бевоситаи ҳуқуқи интихоботӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ интихоб мегарданд. Мувофиқи принсипи мазкур ҳар як шаҳрванд шахсан бояд ба номзади интихобнамудаи худ овоз диҳад.
      Овоздиҳии пинҳонӣ принсипе мебошад, ки дар асоси он ҳуқуқи интихоботии шаҳрванд бидуни назорат ва мудохила ба изҳори озодонаи ирода таъмин мегардад. Овоздиҳанда бюллетени интихоботро дар ҳуҷра ё хонаи овоздиҳии пинҳонӣ пур мекунад. Ҳангоми пур кардани бюллетен ғайр аз интихобкунанда ҳозир будани шахсони дигар манъ аст. Пинҳонӣ будани овоздиҳӣ имкон медиҳад, ки интихобкунандагон бе иштироки миёнарав ё намоянда ба тариқи фардӣ қарор қабул намоянд.
      Мазмуни принсипи иштироки озод дар интихобот онро ифода менамояд, ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад ба интихобкунанда ҷиҳати иштирок намудан дар интихобот таъсир расонад ва ё ӯро барои овоздиҳӣ маҷбур созад. Яъне, қарори иштирок намудан дар интихобот бевосита аз ҷониби худи шаҳрванд қабул мегардад [2, 77]. Дар баробари ин, бояд дар назар дошт, ки иштироки шаҳрвандон дар раванди ин маъракаи сиёсӣ бисёр муҳим буда, аз дарки баланди масъулияти онҳо дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда шаҳодат медиҳад. Зеро, бунёди давлати демократӣ, ба даст овардани ҳуқуқи интихоботӣ ва мустаҳкам намудани рукнҳои ҷомеаи мутамаддин бо ҷонбозиву фидокориҳои ниёгон ба даст омадаву иштироки фаъолона дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва раванди қабули қарорҳои таъсиррасон ба рушду инкишофи ҷомеа барои боз ҳам мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ мусоидат менамояд.
      Дар раванди интихобот дар баробари шахсоне, ки дорои ҳуқуқи овоздиҳӣ мебошанд, инчунин онҳое, ки ҳуқуқи интихоб шуданро доранд, нақши калидиро мебозанд.
      Дар асоси қонунгузорӣ вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад ва забони давлатиро донад [5].
     Ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо номзадии шахсе пешниҳод карда мешавад, ки дар рӯзи интихобот синнаш ба 18 расидааст, танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, забони давлатиро медонад, дар ҳудуди вилоят, шаҳр ва ноҳияи дахлдор кор ва ё зиндагӣ менамояд [6].
      Интихоботи вакилон ба Ҷамоат умумӣ буда, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк аз синни 18 ҳуқуқи интихоб кардан ва аз синни 20 ҳуқуқи интихоб шудан ба Ҷамоатро доранд [7].
       Ҳамин тариқ, муайян мегардад, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи интихоботии фаъол ва ғайрифаъол муқаррар гардида, раванди маъракаҳои интихоботӣ пурра мавриди танзим қарор гирифтааст.              Воқеан, ҳуқуқи интихоботӣ яке аз омилҳои муҳим дар ташаккули низоми демократии давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, на танҳо кафолати иштироки шаҳрвандонро дар идоракунии давлат таъмин, балки раванди интихоботро шаффоф ва одилона менамояд. Бо дарназардошти рушди бемайлони техникаву технологияҳои муосир ва дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” мувофиқи мақсад арзёбӣ мегардад, ки масъалаи рақамикунонии раванди интихобот, аз ҷумла ҷорӣ намудани овоздиҳии фосилавии электронӣ бо дарназардошти ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии он мавриди таҳлил қарор дода шавад. Ба ҷанбаҳои мусбии овоздиҳии фосилавии электронӣ ба таври назаррас кам шудани хароҷоти молиявӣ, ки барои ташкил ва баргузории овоздиҳии анъанавӣ зарур аст, таъмини ҳуқуқи интихоботии фаъол новобаста аз маҳалли истиқомат ва фаврияти муайян намудани натиҷаҳои интихоботро шомил кардан мумкин аст. Имконияти ҳамлаҳои киберӣ, норасоиҳои техникӣ, дастрасии нобаробар бо дарназардошти сатҳи саводи рақамӣ ва фаъолияти интернет дар минтақаҳои дурдаст ба ҷумлаи ҷанбаҳои манфии овоздиҳии электронӣ дохил мешаванд.
 
Адабиёт ва сарчашмаҳои истифодашуда:
1. Диноршоев А.М. Ҳуқуқи интихоб намудан ва интихоб шудан (дар савол ва ҷавоб). Нашри дуюм. 56 С. // https://www.bhr.tj/.../files/library/docs/pravo-izbirat.pdf (санаи муроҷиат 28.01.25).
2. Диноршоев А.М., Яқубова С.Н., Камолов Ш.Ҳ. Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Матни лексияҳо //. Душанбе 2015. 144 с.
3. Конвенсия “Дар бораи стандартҳои интихоботи демократӣ, ҳуқуқҳо ва озодиҳои интихоботӣ дар давлатҳо-аъзои ИДМ” // https://cis.minsk.by/.../konvencia-o-standartah... (санаи муроҷиат 28.01.25).
4. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 (бо тағйиру иловаҳо аз 26.09.1999, 22.06.2003 ва 22.05.2016) // https://mmk.tj/content/конститутсияи-ҷумҳурии-тоҷикистон (санаи муроҷиат 28.01.25).
5. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 12, мод. 296; с. 2004, № 7, мод. 451; с. 2007, № 5, мод. 352; с. 2008, № 10, мод. 797; с. 2012, № 8, мод. 811; с. 2014, № 3, мод. 140, № 7, қ. 1, мод. 382; с. 2017, № 7-8, мод. 562; с. 2018, № 2, мод. 61, №9-10, мод. 581)// Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии “Адлия”. Шакли 1.0. [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 28.01.25).
6. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 12, мод. 298; с. 2007, № 5, мод. 353; с. 2012, № 8, мод. 813; с. 2014, № 7, қ. 1, мод. 383; № 11, мод. 640; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 269) // Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии “Адлия”. Шакли 1.0. [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 28.01.25).
7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2009, № 7-8, мод. 503; с. 2012, №4, мод. 277, №8, мод. 833; с. 2015, №11, мод. 964; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 288) // Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии “Адлия”. Шакли 1.0. [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 28.01.25).
8. Майер Х. Ҳуқуқи интихоботӣ ҳамчун воситаи тақсими ҳокимияти ё ҳуқуқи интихоботӣ ва сиёсат // https://cyberleninka.ru/.../izbiratelnoe-pravo-kak... (санаи муроҷиат: 28.01.25)
9. Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ бо Қатъномаи 2200 А (XXI) Ассамблеяи Генералӣ аз 16 декабри соли 1966 тасдиқ шудааст // https://www.un.org/.../decl_conv/conventions/pactpol.shtml (санаи муроҷиат 28.01.25)
10. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 524
11. Эъломияи ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948 // Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқӣ “Адлия” (санаи муроҷиат 28.01.25)
12. Ҳуқуқи интихоботии занон // https://ru.wikipedia.org/wiki
 
Шарифзода Фарангис
Муовини директори Маркази
 миллии қонунгузории
 назди Президенти
 Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)