ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1890 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ БАРОБАРИ ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ҲАМА ГУНА ШАКЛҲОИ ТАБЪИЗ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19.07.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1874 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии ҶТ 08.06.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1873 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 08.06.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)”

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 29/11/2024 - 16:12

ХУШХАБАР

     Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)”, ки аз ҷониби Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида буд, тибқи тартиби муқарраршуда қабул ва 13 ноябри соли 2024, №2111 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.

     Дар асоси Қонуни болозикр ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» аз 22 апрели соли 2003 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №4, мод. 139; с. 2016, №3, мод. 153, №11, мод. 891; с. 2019, №1, мод. 27) тағйироту иловаи зерин ворид карда шуданд:

 1. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда гардид:

    «Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии иҷораи молиявӣ (лизинг)-ро (минбаъд - лизинг) танзим намуда, ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои лизинг равона гардидааст.».

2. Моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шуд:

«Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур

     Амали Қонуни мазкур нисбат ба фаъолияти лизингӣ ва лизинги молу мулке, ки ба ашёи ғайриистеъмолӣ мансуб буда, бо мақсади соҳибкорӣ барои соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ пешбинӣ гардидааст, паҳн мегардад.».

3. Дар моддаи 2:

- дар сархати дуюм ва матни қонун калимаҳои «мавзӯи», «Мавзӯи», «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадориҳо», «ӯҳдадории», «ӯҳдадориҳое», «ӯҳдадориҳоро», «Ӯҳдадориҳои», «мӯҳлати», «мӯҳлат», «мӯҳлаташ», «мӯҳлатҳои» ва «Мӯҳлати» мувофиқан ба калимаҳои «мавзуи», «Мавзуи», «уҳдадориҳои», «уҳдадориҳо», «уҳдадории», «уҳдадориҳое», «уҳдадориҳоро», «Уҳдадориҳои», «муҳлати», «муҳлат», «муҳлаташ», «муҳлатҳои» ва «Муҳлати» иваз карда шуданд;

- дар сархати шашум аломати нуқтавергул «;» ба аломати нуқта иваз карда шуд;

- сархати ҳафтум хориҷ карда шуд.

4. Дар қисми якуми моддаи 4 калимаҳои «ашёву анҷоми» ба калимаи «ашёи» иваз карда шуданд.

5. Сархати дуюми моддаи 5 дар таҳрири зерин ифода карда шуд:

«- лизинггир - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки объекти лизингро тибқи шартҳои муайян ба соҳибии муваққатӣ ва истифода қабул менамояд;».

6. Дар моддаи 6:

- дар ном ва матни модда калимаҳои «Сублизинг» ва «суб­лизинг» мувофиқан ба калимаҳои «Иҷораи молиявӣ (лизинг)-и фаръӣ» ва «иҷораи молиявӣ (лизинг)-и фаръӣ» иваз карда шуданд;

- аз қисми якум калимаҳои «зеркирояи мавзӯи» хориҷ карда шуданд.

7. Қисми якуми моддаи 7 дар таҳрири зерин ифода карда шуд:

«Шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) дар шакли хаттӣ баста шуда, бояд ба тариқи нотариалӣ тасдиқ карда шавад.».

8. Дар қисми дуюми моддаи 8:

- дар банди б) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шуд;

- банди в) бо мазмуни зерин илова карда шуд:

«в) ҳангоми бегона намудан ё ба гарав гузоштани мавзуи лизинг лизинггирро дар бораи ҳуқуқҳои шахсони сеюм нисбат ба он огоҳ намояд.».

9. Дар зербанди е) қисми якуми моддаи 9 калимаи «сублизинг» ба калимаҳои «иҷораи молиявӣ (лизинг)-и фаръӣ» иваз карда шуд.

10. Қисми чоруми моддаи 15 хориҷ карда шуд.

11. Аз ном ва матни моддаи 20 калимаҳои «(амортизатсияи)» ва «(амортизатсияро)» хориҷ карда шуданд.

12. Аз қисмҳои якум ва дуюми моддаи 24 рақам ва калимаҳои «(180 рӯз),» ва «(литсензияи)» хориҷ карда шуданд.

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад