ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1720 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БАҲОДИҲӢ Маҷлиси Олии ҶТ 07.08.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1719 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ ҶАВОБГАРИИ ГРАЖДАНИЮ ҲУҚУҚИИ СОҲИБОНИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ Маҷлиси Олии ҶТ 07.08.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1694 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ Маҷлиси Олии ҶТ 04.07.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Конфронс дар мавзӯи «Дар бораи этироф ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои Арбитражи хориҷӣ»

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Яшб, 19/01/2020 - 14:30
Конфронс дар мавзӯи «Дар бораи этироф ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои Арбитражи хориҷӣ»

Рӯзи 03.04.2010 соати 9-00 Конфересияи Ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи ҷалби сармоягузории хориҷӣ таввасути Конвенсияи Ню-Йорки аз соли 1958 «Дар бораи этироф ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои Арбитражи хориҷӣ» дар меҳмонхонаи Тоҷикистон баргузор гардид. Конфренсияро Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдою саноатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии Тоҷикагрофонд бо кӯмак ва сармоягузории Департаменти давлатии ИМА ва филиали Тоҷикистонии «Ҷомеаи кушодаи» - и Бунёди мадад ба нақша гирифтааст. Дар ҳаёти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳои зиёд ба назар мерасанд. Фаъолияти соҳибкорӣ авҷ гирифта, муомилоти иқтисодӣ суръат ёфта, доираи амалӣ он васеъ мегардад. Албатта ҳар қадар алоқаҳои  соҳибкорон ривоҷ ёбанд, ҳамон қадар эҳтимолияти ба вуҷудоии баҳсҳои ҳуқуқӣ дар байни онҳо зиёд мешавад. Бинобарин ин дар Ҷумҳурии Тоҷкистон ташкил намудани механизми ҳуқуқие, ки тавонанд ҳали таъҷилӣ, адолатнокона ва қонуннии баҳсҳои бавуҷудомада ва ҳифзи ҳуқуқҳои вайронкардашударо таъмин намояд, ниҳоят муҳим мебошад.

                       

                         
    Яке аз тарзҳои самараноки алтернативии ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва тиҷоратй Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад Арбитражи байналмилали тиҷоратӣ баҳсҳои ҳуқуқии иқтисодиро оид ба алоқаҳои тиҷоратии беруна ва дигар алоқаҳои байналмилалии иктисодй дар байни хамагуна субъектхои хукук, агар ҷои ҷойгиршавӣ ва маҳалли зисти яке аз онҳо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ бошад, инчунин дигар баҳсҳои хоҷагии хусусияти иқтисодӣ доштаро, ки бо созиши тарафҳо барои ҳал намудан ба Арбитражӣ байналмилалӣ пешниҳод карда шудаанду қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намесозад, баррасӣ мекунад. Асоси ҳуқуқии фаъолияти онро Конвенсияи Ню-Йоркии соли 1958 ташкил медиҳад. Айни ҳол 140 давлати ҷаҳон иштирокчиёни Конвенсияи Ню-Йорки мебошанд. Дар Конференсия сухан дар атрофии мазмун, мундариҷа, тарзи ҳалли баҳсҳо ба воситаи Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ зарурият ва нақши он дар ҷалби сармояи хориҷӣ тибқи нишондоди Конвенсияи зикршуда меравад.
Дар кори конференсия  намояндаҳо аз мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ аз ҷумла; Вазорати Адлия, Вазорати иқтисод ва рушди савдо, Бонки миллӣ, Мақомоти Судӣ, мутахассисони соҳаи ҳуқуқ ва намояндаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намудаанд. Барои инъикоси чорабинӣ мазкур Васоити Ахбори омма даъват карда шудаанд
                                      

                                                                                                    

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад