12-13 октябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҳуқуқии Аврупои шарқӣ (Олмон) конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Тафтишоти пешакӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ байни раванди маҷбурсозӣ ва мубоҳисавӣ» баргузор гардид.
Мақсади гузарондани конфронси мазкур муҳокимаи масъалаҳо оид ба шаклҳои мурофиаи ҷиноятӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи қабули Кодекси нави мурофиавии ҷиноятӣ мебошад. Дар конфронс мутахассисон ва олимони соҳаи мурофиаи ҷиноятӣ аз давлатҳои Осиёи Марказӣ, Руссия, Олмон ва Испания иштирок намуданд.
Рузи аввал масъалаҳо оид ба шаклҳои мурофиаи ҷиноятӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Оиди ин масъала директори Маркази миллии қонунгузорӣ назди Президенти Чумхурии Тоҷикистон Раҳимов М.З., вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров, директории Донишкадаи ҳуқуқии Аврупои шарқӣ Фридрих-Кристиан Шрёдер, профессори Донишгоҳи Тюбинген Фолкер Хаас, профессори Донишгоҳи Мадрид Лорена Бахмайер-Винтер, профессор, Мушовири Суди конститутсионии Федератсияи Руссия Александр Смирнов ва профессори Донишгоҳи Галле Ханс Лилие баромад намуданд.
Рузи дуюм ба муҳокимаи масъалаҳо оид ба тафтишоти пешакӣ ва ҷараёни мубоҳисавии мурофиаи судӣ бахшида шуд. Оиди масъалаҳои зикршуда профессори Донишгоҳи федералии Сибир Анатолий Барабаш, профессори Донишгоҳи озоди Берлин Клаус Рогалл, профессори мактаби олии иқтисодиёт Сергей Пашин, профессори Донишгоҳи миллии Қирғизистон Ғайрат Осмоналиев, досенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Зайниддин Искандаров баромад намуданд. Хангоми муҳокимаи баромадҳо андешаҳои гуногун оид ба шаклҳои мурофиаи ҷиноятӣ, интихоби раванди тафтишоти пешакӣ ва ҷараёни мубоҳисавии мурофиаи судӣ баён карда шуд.
Дар анҷоми конфронс қайд карда шуд, ки интихоби шакли мурофиаи ҷиноятӣ ба инкишофи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ зич алоқаманд буда, ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, сохтори давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ равона карда шудааст.