ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Сшб, 07/04/2020 - 16:00

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи Консепсияи сиёсати

ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади рушди минбаъдаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 ҳар ду сол нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намояд.

3. Мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор иҷрои муқаррароти Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028-ро таъмин намоянд.

4. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳоҷиҳати амалӣ намудани муқаррароти Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 ва назорати иҷрои он ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

 

 

       Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          Эмомалӣ Раҳмон
аз «6» феврали соли 2018,
№1005

 

 

 

 

 

 

 

Бо фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
                                                                                                                                аз «6» феврали  соли 2018, №1005
тасдиқ шудааст

 

 

КОНСЕПСИЯИ
СИЁСАТИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2028

 

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ – бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид. Рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа аз самаранокии сиёсати ҳуқуқии ҷумҳурӣ вобастагӣ дорад. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, бе таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ғайриимкон аст.

  1. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тақвияти соҳибихтиёрӣ ва давлатдории миллӣ, таҳкими идоракунии давлатӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди маориф ва илм, фарҳанг, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, баробарӣ ва гуногунии шаклҳои моликият, рушди соҳибкорӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа вазифаҳои якумдараҷаи сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
  2. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз чораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, мафкуравӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади танзими самараноки муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишофи минбаъдаи онҳо роҳандозӣ мешавад. Хусусиятҳои асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои татбиқи ҳуқуқ ташкил медиҳанд. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот бо самтҳои асосии сиёсати давлат амалӣ гардида, заминаи ҳуқуқии сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва самтҳои дигари сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
  3. Меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробари шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, рақобати озод дар иқтисодиёт ташкил медиҳанд.
  4. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллӣ, таъсири ҷаҳонишавӣ, ҳамоҳангсозӣ ва якхелакунии қонунгузории давлатҳо ва низомҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, таъсиси иттиҳодҳои нави ҷаҳонӣ ва минтақавии байни давлатҳо, таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад. Сиёсати ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ ба коҳиш додани таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, муқовимат бо хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ (терроризм, экстремизм ва дигар падидаҳои хатарзо), ҳифзи фазои иттилоотии ҷумҳурӣ аз хатарҳои иттилоотии ҷаҳони муосир равона карда мешавад.
  5. Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, буҳрони молиявию иқтисодӣ ва шиддат гирифтани зиддиятҳои минтақавию тамаддунӣ яке аз воситаҳои муҳими ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, устувории давлати ҳуқуқбунёд ва ҳимояи манфиатҳои халқи Тоҷикистон, ин дуруст, бонизом ва мутобиқ ба арзишҳои башарӣ ва манфиатҳои миллӣ ба роҳ мондани сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад.

 

2. ВАЗЪИ КУНУНИИ ҚОНУНГУЗОРИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  1. 9 сентябри соли 1991 халқи тоҷик соҳиби давлати комилан мустақил гардид. Бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни асосии кишвар бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ҳамчунин бо дар назар доштани дастовардҳои нави ҷомеа ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида шуда, марҳилаи нави такмили сохтори конститутсионӣ оғоз гардид ва он имкон дод, ки 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо  ворид шуда, мазмуну муҳтавои низоми ҳуқуқии кишвар такмил ва асосҳои демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявии он таҳким ёбад. Дар таърихи сиёсии кишвар бори нахуст парламенти думаҷлиса ба фаъолият шурўъ намуд. Мақомоти иҷроия ва судӣ, инчунин сохтори иқтисодии кишвар такмил дода шуда, эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў ба сифати арзиши олӣ ва дигар андешаҳои демократӣ ба Конститутсия ворид гардиданд, ки айни замон ба шароиту талаботи дохилӣ ва байналмилалӣ ҷавобгў мебошанд.
  2. Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқии мусоидаткунанда ба рушди низоми нави ҳуқуқӣ, фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро ба марҳилаи сифатан нав, ба монанди банақшагирии таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ,  самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмию ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ, гузаронидани тадқиқоти илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи қонунгузорӣ, гузаронидани экспертизаҳои ҳуқуқӣ ва зиддикоррупсионии лоиҳаҳои қонунҳоро ворид намуд. Дар баробари қабул гардидани шумораи зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар кишвар ва эътироф гардидани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, инчунин дар ин давра як қатор консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия ва қабул карда шуданд, ки ба ташаккул ва рушди минбаъдаи муносибатҳои нави иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Дар натиҷа корҳо оид ба таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои муайян, аз ҷумла қонунгузории конститутсионӣ, гражданӣ, соҳибкорӣ, молиявӣ, бонкӣ, гумрук, андоз, ҷиноятӣ, маъмурӣ, мурофиавии  гражданӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиаи судии иқтисодӣ, истеҳсолоти иҷро ва ғайра густариш пайдо намуданд.
  3. Бояд тазаккур дод, ки дигаргуниҳои бунёдии дар раванди ҷаҳонишавӣ ва буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ бавуқўъомада, инчунин вусъат ёфтани ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо дигар давлатҳо, иштироки фаъолонаи он дар созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, таъсиси субъектҳои муштараки хоҷагидорӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ, ки зарурати барқарор намудани иқтисодиёт пас аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, такмили фаъолияти давлатро дар самти ҳуқуқэҷодкунӣ ва ҳуқуқтатбиқкунӣ баҳри мутобиқгардонии қонунгузории миллӣ ба талаботи нави рушду пешрафти ҷаҳони имрўза, тақозо менамояд. Ҳамзамон, дар ин давра Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки дар асоси он шаш барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самту соҳаҳои гуногун барои солҳои 2012-2015 таҳия ва тасдиқ карда шуданд.
  4. Дар давоми зиёда аз бисту шаш соли гузашта рукнҳои давлатдории муосири Тоҷикистон хеле таҳкиму такмил ёфтанд ва барои торафт мустаҳкам гардидани истиқлолияти воқеии кишвар мунтазам мусоидат менамоянд. Бинобар ин, ислоҳоти гузаронидашуда ба такмили минбаъдаи демократикунонии институтҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ мусоидат намуд.
  5. Аз ин рў, барои бапуррагӣ иҷро гардидани барномаҳои зикршуда, дар чунин шароит стратегияи ба мақсад мувофиқи ҳуқуқэҷодкунӣ ва татбиқи он бо дар назар доштани ҳалли вазифаҳои дарозмуҳлат дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигари қонунгузорӣ бояд амалӣ карда шаванд. Вобаста ба ин, инкишофи минбаъдаи қонунгузории кишвар бояд тибқи консепсияи ягонаи сиёсати ҳуқуқӣ, ки дурнамои инкишофи онро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, сурат гирад.

 

 

3. ЗАРУРАТ ВА АҲАМИЯТИ ҚАБУЛИ КОНСЕПСИЯ

Зарурати қабули Консепсия аз талабот ва омилҳои зерин бармеояд:

    • танзими самаранокии низоми устувори сиёсии демократӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мамлакат, таъмини ҳуқуқии ҷараёни рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани шуурнокӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла шахсони мансабдор;
  • саъю кўшиш ба натиҷанокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва устувории он. Меъёрҳои санадҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои қабулгашта на ҳама вақт самаранок амал менамоянд. Дар натиҷа ҳадафҳои дар назди онҳо ҳангоми қабул гаштанашон гузошташуда иҷро намегарданд, ки боиси ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид намудани тағйиру иловаҳои зиёд ё дар таҳрири нав қабул кардани онҳо мешаванд. Аз ин ҷо дар оянда зарурати таъмини натиҷанокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва устувории он ба миён меояд;
  • пешгирӣ ва бартараф намудани ихтилофот, номутобиқатӣ, нуқсонҳо, такроршавӣ дар қонунҳо ва хориҷ кардани меъёрҳои ҳуқуқии моҳияташонро гумкардаю камсамар. Азбаски таркиби қонунгузорӣ мураккаб ва гуногунҷабҳа мебошад, дар он мухолифат, номутобиқатӣ ва камбудӣ ҷой дошта метавонанд. Аз ин ҷост, ки мушкилоти муҳими фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ин бартараф намудани ихтилофу номутобиқатӣ байни қонунҳо, инчунин қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Чунин ҳолат метавонад боиси вайрон гардидани танзими банизомдарории ҳуқуқ гардида, фаъолияти муътадили кори низоми ҳуқуқро халалдор сохта, инчунин ба танзими самараноки ҳуқуқӣ, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ таъсир расонад;
  • мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон. Дар баробари воридшавии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба низоми ҳуқуқи миллӣ таносуб ва бо ҳам мутобиқ намудани онҳо яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Ҳалли дурусти онҳо бо таваҷҷуҳ ба робитаҳои воқеии байниҳамдигарии ҷараёни татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва миллӣ муайян мегардад. Ҳаёт водор месозад, ки оид ба баъзе хусусиятҳои асосӣ ва принсипҳои низоми ҳуқуқии англосаксонӣ, континенталӣ, мусулмонӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз ҳамдигар фарқ мекунанд, дар фаъолияти қонунэҷодкунии кишвар эътибор дода шавад. Ҳамзамон, бе таҳлили ҳаматарафа ба тасвиб расонидани санадҳои байналмилалӣ метавонад боиси мухолифат, номутобиқатӣ ва камбудии қонунгузорӣ гардида, дар натиҷа ба сифати қонунҳо таъсири манфӣ расонад. Зеро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми ҳуқуқии миллӣ дар алоқамандӣ ва зери таъсири дигар низомҳои ҳуқуқӣ қарор дорад. Чунин раванд зарурати баҳамназдикшавии онҳо, аз ҷумла ҳамоҳангсозӣ, якҷояшавӣ ва воридшавии меъёрҳои як низоми ҳуқуқиро ба меъёрҳои низомҳои ҳуқуқии дигар тақозо менамояд;
  • самтҳои такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани васеъ гардидани доираи муносибатҳои ҷамъиятии моҳиятан ҳаммонанд, ки бо қонунҳо танзим меёбанд, бояд дар оянда ботадриҷ кодификатсия карда шаванд. Зеро, дар шароити аз ҳад зиёд шудани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар баъзе соҳаҳо кодификатсия хеле муҳим мебошад. Ба чунин кодификатсия ва васеъкунӣ аз ҳоло бояд шурўъ кард ва онро бо роҳи ботадриҷ аз нав кардани қонунгузории амалкунанда анҷом додан лозим аст. Мақсади кодификатсия кардани онҳо бартараф намудани номутобиқатӣ ва кам кардани шумораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳаммонанд мебошанд;
  • такмил ва татбиқи якхелаи забон ва ислоҳоти ҳуқуқӣ. Мавриди зикр аст, ки дар баъзе ҳолатҳо дар қонунгузории амалкунанда истилоҳот бо забони тоҷикӣ номуайян, гуногунмаъно ва тарзе истифода шудаанд, ки мазмуни меъёрии онро коста менамоянд. Забони қонун яке аз пояҳои асосии баланд бардоштани сифат ва мазмуни он мебошад. Аз ин рў, яке аз самтҳои афзалиятноки такмили фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ масъалаи эҷод ва истифодаи калимаю истилоҳоти дурусти ҳуқуқии тоҷикӣ дар қонунгузорӣ мебошад. Ҳангоми истифодаи ин ё он истилоҳот дар қонунгузории амалкунанда на танҳо ба содда ва равону фаҳмо будани он, балки ба доираи фарогирии мазмуну мафҳуми муайян эътибор додан зарур аст, то ки шарҳи гуногуни меъёрҳо истисно гардида, татбиқи якхелаи онҳо таъмин карда шавад. Аз ин рў, зарурате ба миён меояд, ки дар оянда фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқии Тоҷикистон таҳия гардад;
  • татбиқи пурраи талаботи меъёрҳои ҳуқуқ дар амал. Самаранокии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амалисозӣ ва татбиқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар амал вобастагӣ дорад. Татбиқи ҳуқуқ яке аз самтҳои сиёсати ҳуқуқии кишвар буда, бо мақсади такмили фаъолияти мақомоти ҳуқуқтатбиқкунанда, ҳамчунин таъмини сифати мазмуни  санадҳои татбиқи ҳуқуқ ва механизми амалӣ гардидани онҳо анҷом дода мешавад. Самаранокии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи татбиқи ҳуқуқ аз ҳисси масъулият, омодагии касбӣ, ватандўстӣ, худшиносии миллӣ, сатҳи баланди шуури ҳуқуқии касбии кормандони мақомоти татбиқи ҳуқуқ вобастагӣ дорад.

 

4. САМТҲОИ АСОСИИ РУШДИ ҲУҚУҚИ МИЛЛӢ

Қабули Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии кишвар 6 ноябри соли 1994 ҳамчун ҳуҷҷати дорои эътибори олии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуд ва самтҳои нави рушди ҷомеаро муайян кард. Арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў, инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ, ҷонибдорӣ аз принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, инчунин эътирофи гуногуншаклии моликият, махсусан моликияти хусусӣ аз ҷумлаи пешравиҳо мебошанд, ки заминаи рушди сифатан нави давлат ва ҷомеа гардиданд.

  1. Бо вуҷуди пешравиҳо дар самти сохтори конститутсионии кишвар, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, ташаккул ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар шароити имрўза низоми конститутсионии кишвар ба такмил ниёз дорад, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:
    • татбиқи бевоситаи меъёрҳои ҳуқуқии конститутсионӣ;
    • таҳкими асосҳои сохтори конститутсионии кишвар;
    • инкишофи кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- такмили идоракунии давлатӣ бо таваҷҷуҳ ба инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ.

  1. Ҳуқуқи маъмурӣ ҳамчун ҷузъи таркибии низоми ҳуқуқи миллӣ дар таҳким ва устувории пояҳои дастгоҳи давлатӣ нақши асосӣ дорад. Ҳуқуқи маъмурӣ муносибатҳои марбут ба идоракунии давлатиро танзим намуда, дар худ падидаҳо ва зерсоҳаҳои муайянро дар бар мегирад, ки зарурат ба рушд додани онҳо ба миён омадааст. Рушди ҳуқуқи маъмурӣ ислоҳоти маъмуриро дар кишвар ба миён меорад. Ислоҳоти маъмурӣ ба амалигардонии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар сатҳи идоракунии давлатӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ, устувории ташкил ва самаранокии фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия, рушди хизмати давлатӣ, таъмини мукаммали қонуният ва интизом дар идоракунии давлатӣ ва такмили мурофиаи маъмурӣ мусоидат менамояд.
  2. Дар шароити муосир муносибатҳои ҳуқуқи маъмурӣ, махсусан идоракунии давлатӣ рушд ёфта истодаанд. Фаъолияти амалии мақомоти ҳокимияти иҷроия нишон медиҳад, ки устуворӣ дар раванди баамалбарории идоракунии давлатӣ дар сатҳи муайян дида мешавад. Новобаста аз ин, фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия ва худи идоракунии давлатӣ имрўз ба такмил ниёз дорад. Якчанд омилҳое мавҷуданд, ки зарурати такмили масъалаҳои зикргардидаро ба миён меоваранд:
    • амалигардонии ҳамаҷонибаи функсияҳои идоракунии давлатӣ;
    • рушди асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия;
    • такмили вазъи ҳуқуқи маъмурии иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи маъмурӣ;
    • рушди мурофиаи маъмурӣ;
    • таъмини босуботи қонуният ва интизом дар идоракунии давлатӣ.
  3. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо мукаммал шудани қонунгузории молиявӣ фаъолияти молиявии давлат ҳамчун бахши таркибии муҳим ва зарурии низоми сиёсати иҷтимоии давлат қарор гирифта, васоит ва тарзу усулҳои гуногуне ба кор бурда шуд, ки онҳо ба коҳиш додани нобаробарии иҷтимоӣ равона карда шудаанд. Ба монанди тағйироти иҷтимоӣ, ки дар муносибатҳои ҳуқуқии соҳибкорӣ (додани имтиёзҳои андоз, қарзҳои дарозмуддат, имтиёзнок ва ғайра), таъсиррасонии давлатӣ ба муносибатҳои меҳнатӣ (муҳофизати меҳнат, ҷорӣ шудани меъёрҳои имтиёзнок нисбати занон, ҷавонон ва ғайра), таъмин кардани дастрасии умум ба хизматрасониҳои муҳимтарин (суғуртаи иҷтимоӣ, муроҷиати ройгони корманд оид ба баҳсҳои меҳнатӣ ба судҳо ва ғайра), камтар кардани нобаробарии молумулкӣ аз ҳисоби маблағҳои давлат (додани грантҳои ҳукуматӣ, қарзҳои имтиёзнок барои сохтмони манзил) ва дигар чорабиниҳои иҷтимоӣ инъикос ёфтаанд.
  4. Дар баробари мавҷудияти дастовардҳои зикршуда дар соҳаи ҳуқуқи молия як қатор мушкилот ҷой дорад, ки барои ҳалли онҳо анҷом додани чунин корҳо мувофиқи мақсад аст:
  •  бо дар назар доштани иқтидори молиявӣ ва сарчашмаҳои воқеии молиявии мавҷуда тибқи қонунгузорӣ таҳия намудани барномаҳои мақсаднок;
  • такмили низоми назорати молиявии давлатӣ, аз ҷумла аудити дохилӣ ва беруна;
  • ҷорӣ намудани низоми самараноки мониторинги молиявӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф;
  • таҳияи низоми ҷалб ва истифодаи дороиҳои ғайридавлатӣ (ташкилотӣ ва молиявӣ) дар раванди ҳифзи иҷтимоӣ;
  •  такмили механизми дастгирии молиявии бахши хусусӣ;
  •  инкишофи бозори аввалияи қарздиҳӣ барои манзил, аз ҷумла тавассути ҷорӣ намудани стандартҳои қарздиҳӣ барои манзил;
  •  тезонидани раванди пешниҳоди ҳисоботи молиявии электронӣ аз ҷониби субъектони хоҷагидорӣ;
  • такмили қонунгузории соҳаи молиявӣ бо дар назар доштани ташаккули рушди иҷтимоию иқтисодии давлат ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ;
  •  мусоидат ба ташаккули мақсадноки пасандозҳо аз тарафи аҳолӣ бо мақсади хариди манзил, аз  ҷумла бо ёрии кооперативҳои сохтмонӣ ва амонатгузорӣ.
  1. Андоз яке аз нишонаҳои давлатдорӣ буда, ифодагари сиёсати мустақилона дар бахши молия мебошад ва маҳз ба туфайли маблағҳои ҷамъовардаи андоз давлат мавқеву қувваи иқтисодиро соҳиб мегардад. Дар низоми ҳуқуқии Тоҷикистон рушди қонунгузории андоз боиси он гардид, ки давлат аз он ба сифати воситаи ҳуқуқӣ ҷиҳати таъсиррасонӣ ба иқтисодиёти бозорӣ ҳамчун фишанги муҳими механизми танзими давлатии иқтисодиёт истифода намуда, буҷети давлатиро ғанӣ гардонид.
  2.  Дар соҳаи ҳуқуқи андоз як қатор мушкилот ҷой дорад, ки барои ҳалли онҳо анҷом додани корҳои зерин мувофиқи мақсад аст:
    • сиёсати ҳуқуқии андози Ҷумҳурии Тоҷикистон на ба нигоҳ доштани сатҳи баланди меъёри андоз, балки пеш аз ҳама ба ҳавасмандгардонии соҳибкорон, афзоиши шумораи субъектони андозсупоранда, афзоиши истеҳсолот ва бо ҳамин зиёд гардонидани даромади буҷети давлатӣ равона карда шавад;
  • бо дар назар доштани сатҳи баланди ҳамгироии иқтисодиёти кишвар ба савдои байналмилалӣ ҷиҳати рақобатпазирӣ дар ҷалби сармоя,  баробар кардани сатҳи андозбандӣ бо сатҳи андози шарикони асосии иқтисодиву тиҷоратӣ ва давлатҳои ҳамсоя;
  • такмили маъмурикунонии андоз бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварӣ,  коҳиш додани фишори маъмурӣ ба андозсупорандагони бомасъулият, баланд бардоштани дараҷаи шаффофияти маблағҳои андоз ва таҳия намудани механизми пешгўии низоми андоз;
  • пешниҳод намудани имтиёз барои истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони молу маҳсулоти ватанӣ бо мақсади суръат бахшидан ба раванди саноатикунонӣ, рушди истеҳсолот ва содироти мол;

- бо дар назар доштани талаботи моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад, аз нав таҷдиди назар намудани меъёри андоз барои захираҳои табиӣ;

  • бо дар назар доштани таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ таҳия ва ҷорӣ намудани роҳҳои муосири андозгирӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ;
    • ворид намудани тағйирот ба қонунгузории андоз бо мақсади  ташаккули низоми нави сармоягузорӣ аз ҳисоби паст кардани меъёри андозҳо ва ҳаҷми ҷаримаҳо;
    • ба таъмини иҷрои ҳадафҳои макроиқтисодии давлат, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 равона кардани сиёсати ҳуқуқии андози Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  1. Ихтилофот байни санадҳои меъёрии ҳуқуқии гумрукӣ, норасоиҳо дар қонунгузории гумрук, воридшавии молҳои пастсифат ба бозори дохилӣ, ҷавобгў набудани маҳсулоти миллӣ ба сифат ва талаботи бозори ҷаҳонӣ, хатар ва таҳдидҳои сиёсии иқтисодӣ ба бозори дохилӣ ва иқтисодиёти миллӣ, дуруст роҳандозӣ нагаштани ҳамоҳангсозӣ ва якхелакунии қонунгузории гумрук бо қонунгузории кишварҳои узви созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, рушди қочоқи маводи мухаддир дар ҷаҳон, ноустувории иқтисодиёти миллӣ, муҳити носолими рақобат дар соҳаи фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ба самаранокии сиёсати ҳуқуқии гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад.
  2. Аз ин нигоҳ бо мақсади такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ зарурати анҷом додани чунин корҳо пеш меояд:
    • такмил додани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ;
    • таъмини ҳамоҳангсозӣ ва якхелакунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ бо талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук, давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар созмону ниҳодҳои байналмилалии молиявию иқтисодӣ;
    • баланд бардоштани сифати танзими гумрукӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воридшавии даромадҳо ба буҷети давлатӣ, ҳимояи молистеҳсолкунандагони ватанӣ, муҳофизати объектҳои моликияти зеҳнӣ ва дастгирии фаъолияти савдои хориҷӣ;
    • такмили фаъолияти маъмурияти гумрукӣ, аз ҷумла рушди низоми идоракунии таваккал дар асоси амалисозии расмиёти гумрукӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ;
    • таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ дар бахши фаъолияти гумрукӣ, муқовимат бо ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ва андешидани тадбирҳо дар бахши таъмини амнияти иқтисодӣ, экологӣ, биологӣ, санитарию эпидемиологӣ, иттилоотӣ, радиатсионӣ ва дигарҳо;
  • рушди эъломиякунии электронии гумрукӣ ва хизматрасониҳои гумрукӣ, тезонидани раванди ташкили равзанаи ягонаи гумрукӣ, аз ҷумла соддагардонӣ ва мутамарказонии пардохтҳои гумрукӣ;
  • соддагардонии расмиёти гумрукӣ тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;
  • тақвияти ҳамкории мақомоти гумрук бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти фаъолияти ҳуқуқмуҳофизавӣ;
    • пўрзур намудани фаъолияти мақомоти гумрук дар самти мубориза бо қочоқ;
    • андешидани тадбирҳо дар бахши бартараф намудани ҳама гуна хатару таҳдидҳо ба олами ҳайвоноту наботот, роҳандозии василаи ҳифз ва пешгирии воридоту содироти ғайриқонунии онҳо;
    • андешидани тадбирҳо дар бахши ҳифзи сиҳатии аҳолӣ аз воридшавии ҳама гуна маҳсулоти хўрокворӣ, доруворӣ, биологӣ ва маҳсулоти дигаре, ки ба саломатии инсон зарароваранд, аз ҷумла организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда.
  1. Сиёсати ҳуқуқии бонкӣ яке аз ҷузъи таркибии сиёсати молиявии давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар асоси қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва маҷмўи барномаҳои давлатии дахлдор ба амал бароварда мешавад.
  2. Дар соҳаи фаъолияти бонкӣ як қатор мушкилот ҷой дорад, ки барои ҳалли онҳо анҷом додани корҳои зерин мувофиқи мақсад мебошад:
    • ба рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва талаботи ҷомеа мутобиқ гардонидани қонунгузории амалкунанда;
    • дар ҷараёни мураттабсозии қонунгузорӣ истифодаи таҷрибаи пешрафтаи бонкдории давлатҳои тараққикарда;
    • паст намудани фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
    • пешниҳод намудани қарзҳои имтиёзнок барои намояндагони соҳибкории хурду миёна;
    • мукаммал намудани раванди назорати бонкӣ, ки ба мониторинги устувории молиявии бонкҳо асос меёбад;
    • андешидани чораҳои бетаъхир барои бартарафсозии монеаҳо дар фаъолияти бонкҳо;
    • мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои бонкӣ дар доираи санади ягона – Кодекси бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  3. Дар замони муосир қонунгузории ҷиноятӣ ба сифати яке аз воситаҳои муҳими танзимсозандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ баромад намуда, манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлатро аз таҷовузҳои ҷинояткорона ҳифз менамояд. Ҷаҳонишавӣ, ба вуқўъ омадани шаклҳои нави ҷинояткорӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва киберҷиноятҳо аз давлат талаб менамояд, ки қонунгузории ҷиноятиро давра ба давра такмил диҳад.
  4. Таъмини самаранокии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ аз ҳалли мушкилиҳои зерини қонунгузории ҷиноятӣ вобастагӣ дорад:
  • мутобиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;
  • инсондўстона (гуманизатсия) гардонидани қонунгузории ҷиноятӣ нисбат ба субъектони муайян, пеш аз ҳама, шахсони содирнамудаи ҷиноятҳои дараҷаи начандон вазнин ва (ё) дараҷаи миёна, занони ҳомила ва заноне, ки кўдакони ноболиғи то 8 - сола доранд, ноболиғон, маъюбон ва нафақахўрон;
    • барҳам додани ҷавобгарии ҷиноятӣ (декриминализатсия) барои баъзе аз кирдорҳои ҷиноятӣ бо дар назар доштани хусусият ва дараҷаи ба ҷамъият хавфнокии онҳо тавассути хориҷ намуданашон аз Кодекси ҷиноятӣ ва муқаррар намудани ҷавобгарӣ дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
    • тақвияти афзалиятнокии Кодекси ҷиноятӣ нисбат ба қонунҳои пешбиникунандаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои алоҳида (масалан, оид ба муқовимат бо савдои одам, терроризм, экстремизм, коррупсия, ҷиноятҳои муташаккил, қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастовардашуда) дар фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунӣ;
    • таҷдиди назар намудани санксияҳои моддаҳои алоҳидаи қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ ҷиҳати васеъ намудани ҷазоҳои алтернативии ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда;
    • такмил ва таҷдиди назар намудани низоми ҷазои ҷиноятӣ бо дар назар доштани татбиқ нашудани ҷазоҳои ҷиноятӣ дар шакли маҳдуд кардани озодӣ ва нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ;
    • таҳияи меъёрҳои ягонаи мушаххас барои муайян намудани намудҳо ва ҳадди ҷазо зимни ифодаи санксияҳои моддаҳои қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ.
  1. Масъалаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар маҷмўъ ба вазъи умумии ҷинояткорӣ дар кишвар, бахусус ба сифат ва дараҷаи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон таъсири калон мерасонад. Дар ин замина, масъалаҳои ташкили системаи самараноки иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва ба ҳаёти иҷтимоӣ мутобиқшавии воқеии шахсони озодшуда  аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ аҳамияти муҳим доранд.
  2. Новобаста аз ҷой доштани дастовардҳои муайян  дар соҳаи сиёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Тоҷикистон боз як қатор мушкилоти ҳалношуда дар ин самт то ҳол боқӣ мемонад. Аз ҷумла, ташкили системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ такмили минбаъда талаб намуда, тарбия ва ислоҳ намудани шахсони маҳкумшуда дар муассисаҳои ислоҳӣ, мутобиқгардонии иҷтимоии онҳо баъди озод шудан аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ масъалаҳои ҳалталаби замони муосир мебошанд.
  3. Ҷиҳати ҳалли мушкилоти вобаста ба қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ инҳо заруранд:
    • баланд бардоштани самаранокии ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ тавассути татбиқи дурусти усулҳои педагогӣ-психологии тарбияи маҳкумшудагон. Бо дар назар доштани он, ки ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ҳамчун намуди асосии татбиқшавандаи ҷазо боқӣ мемонад, минбаъд бояд мазмун, шакл ва методҳои таъсиррасонии ислоҳӣ-тарбиявии маҳкумшудагон дар асоси принсипи фардисозии иҷрои ҷазо  такмил дода шавад;
    • беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни маҳкумшудагон;
    • васеъ намудани имкониятҳои ҳуқуқии татбиқи ҷазоҳое, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд нестанд. Бо дар назар доштани шароиту имкониятҳои давлат зарур аст, ки иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар баробари ба қонунгузории ҷиноятӣ, мурофиаи ҷиноятӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқат намудан, такмил дода шаванд;
    • такмили қонунгузорӣ оид ба фароҳам овардани шароит ҷиҳати ба меҳнат ҷалб намудани маҳкумшудагон вобаста ба намуди муассисаи ислоҳӣ, такмил додани фаъолияти истеҳсолӣ-хоҷагӣ дар доираи низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва баланд бардоштани самаранокии иқтисодии меҳнати маҳкумшудагон;
    • пешгирии шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну эътибор бо роҳи пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ, насби овезаҳо ва дигар воситаҳои иттилоотӣ дар байни кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва маҳкумшудагон;
    • коркарди шаклу усулҳои нави ташкили кору фаъолияти маҳкумшудагон, ки ба нигоҳ доштани солимии руҳӣ ва ҷисмонии онҳо, инкишоф додани шаклҳои гуногуни худидоракунӣ дар байни маҳкумшудагон ва такмил додани ҷараёни сафедшавии онҳо;
    • такмили низоми ба таълими миёнаи умумӣ ва миёнаи касбӣ фаро гирифтани маҳкумшудагон;
  • баланд бардоштани самаранокии қонунгузории истеҳсолоти иҷро.
  1.  Оқилона ва самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист аз ҷумлаи мубрамтарин вазифаҳои ҷомеа маҳсуб мешаванд. Ҳалли мусбати ин масъалаҳо, дар соҳа дар навбати худ ҳамон вақт имконпазир мегардад, ки агар муносибати инсоният бо табиат ва сарватҳои табиӣ бо қонунҳо муайян гашта, идора карда шавад. Муносибати инсон бо муҳити зист як соҳаи таркибӣ ва ҷудонопазири низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад, аз ин рў, бояд мисли дигар соҳаҳо тавассути меъёрҳои ҳуқуқӣ танзим ёбад.
  2.  Дар замони имрўза рушди бемайлони иқтисодиёти ҷаҳонӣ, илму техника, соҳаи саноату кишоварзӣ боиси афзудани партовҳо ва дигар омилҳои таъсиррасонии инсон ба муҳити зист мешавад, ки ба ташаккул ва инкишофи соҳаи ҳуқуқи экологӣ мусоидат менамояд. Дар самти мазкур як қатор мушкилоти зерин мавҷуд аст, ки барои ҳалли онҳо зарур аст:
  • таҳлили вазъи идоракунии партовҳо дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар ҳамаи самтҳои идоракунии партовҳо ислоҳоти куллӣ зарур аст. Заминаи  қонунгузории ҷории ҷумҳурӣ номукаммал буда, аз ҷумла бо муқаррарот оид ба истифодабарии  маҷмўавии тамоми механизмҳои идоракунии партовҳо ва нигоҳ доштани захираҳо мустаҳкам нагардидааст;
  • такмили қонунгузории экологӣ, махсусан дар самти  ҳифзи муҳити зист ва таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ. Бинобар ин, зарур аст, ки ҷиҳати болоравии маърифати ҳуқуқӣ ва экологии шаҳрвандон чорабиниҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботӣ ба таври васеъ амалӣ гардида, дар мавриди зарурат ҷавобгарии ҳуқуқӣ пурзўр карда шавад;
  • мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ҳифзи муҳити зист дар доираи санади ягона – Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Азбаски муносибатҳо вобаста ба ҳифзи муҳити зист мураккаб ва гуногунтаркиб мебошанд, қонунгузории экологӣ аз меъёрҳои соҳаҳои гуногун иборат буда, мувофиқан муносибатҳои гуногунро танзим мекарданд. Таҷдиди назар ба қонунгузории соҳаи экологӣ имрўз ногузир буда, амалишавии тезтари он барои пешрафти иқтисодиёти кишвар ва мустаҳкамгардии сиёсати ҳифзи муҳити зисти кишвар аҳамияти калон дорад.
  • такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти пешбурди кадастри давлатии объектҳои ҳифзи муҳити зист, мониторинги давлатии экологӣ, назорати давлатии экологӣ, аудити экологӣ ва экспертизаи экологӣ;
  •  таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ;
  • дар доираи қонунгузории амалкунанда такмил додани усулҳои идоракунии ҳифзи муҳити зист, пурзўр намудани фаъолияти милитсияи экологӣ, назорати прокурорӣ ва назорати давлатии истифода ва ҳифзи муҳити зист;
  • ташаккули заминаи меъёрии ҳуқуқии арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ва арзёбии стратегии экологӣ бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ ба ҳифзи муҳити зист ва ҷорӣ намудани принсипҳои «иқтисодиёти сабз»;
  • такмил додани Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади танзими муносибатҳо оид ба истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об ва татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди устувор;
  • диверсификатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ, ҷорӣ намудани навовариҳо бо дар назар доштани таъсири камтарин ба муҳити зист ва сифати заминҳо, таҳияи чорабиниҳо оид ба иваз намудани моддаҳои кимиёвии то андозае хатарнок ба фоиданокии имконпазир.
  1. Замин яке аз ҷузъҳои асосии табиат буда, сарвати муҳими ҷамъияту давлат мебошад. Асоси иқтисодиёти тамоми давлатҳоро замин ва сарватҳои он ташкил медиҳад. Дуруст истифода набурдани замин як қатор мушкилотро дар ҷомеа ба миён меорад, аз қабили мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, экологӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ. Мубрам будани масъалаҳои ҳуқуқии замин инчунин дар он зоҳир мегардад, ки ҳама вақт бояд дар назар дошт, ки замин на танҳо боигарии табиат, сарчашмаи ҳаёт, балки захираи табиат ва пеш аз ҳама объекти моликият низ мебошад, ки истифодаи самараноки он бояд ба таври дуруст ба роҳ монда шавад.
  2.  Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Бо мақсади танзими раванди тақсими замин дар маҳалҳо, истифодаи самараноки он, беҳдошти ҳолати мелиоративӣ ва ҳосилхезгардонии замин, пешгирии омилҳои муомилоти ғайриқонунии замин, тартиби амалигардонии чорабиниҳои заминсозӣ, ташкили заминистифодабарии нав ва мавҷуда қонунгузории соҳаи замин аз мониторинги ҳуқуқӣ гузаронида шуда, санади меъёрии ҳуқуқии ягонаи мукаммал - Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул карда шавад. Дар маҷмўъ таҷрибаи заминистифодабарии кишвар ифодаи он аст, ки номукаммалии қонунгузории замин инкишофи муътадилии ин муносибатҳоро бозмедорад.
  3. Беҳтар намудани танзими ҳуқуқии муносибатҳои заминистифодабарӣ ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта анҷом додани корҳои зеринро талаб менамояд:
  • таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо дар назар доштани ҳадафҳои нави сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи замин ва самтҳои танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба замин;
  • такмили қонунгузорӣ дар самти баҳои замин ва муайян намудани арзиши воқеии қитъаи замин бо мақсади дуруст муайян намудани андоз аз қитъаи замин, иҷорапулӣ, арзиши бозории ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва дигар пардохтҳо ба қитъаи замин;
  • такмили қонунгузорӣ дар самти бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ин ҳуқуқ, оид ба ҳалли баҳсҳои замин, ҳифзи ҳуқуқ ба ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва асосҳои қатъгардии ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин;
  • такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳифзи замин, заминсозӣ, кадастри давлатии замин ва мониторинги замин;
  • мушаххас намудани талаботи қонунгузорӣ дар самти тартиби ҷудо ва муайян намудани саҳми ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин;
  • муайян намудани механизми дар амал татбиқ намудани бозори ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин.
  1. Яке аз афзалиятҳои сиёсати ҳуқуқии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бунёди давлати индустриаливу аграрӣ мебошад. Дар шароити имрўза сиёсати давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ инкишофи соҳаи кишоварзӣ на ба истеҳсолоти ашёи хом, балки истеҳсоли маҳсулоти ниҳоие, ки бевосита ба истеъмолкунандагон пешкаш карда мешавад, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, вусъат ва инкишофи боғдорӣ, чорводорӣ, занбўрпарварӣ, моҳипарварӣ, вусъат додани истеҳсолоти пахта ва дигарҳо равона гардидааст. Чунин талабот истеҳсоли на танҳо маҳсулоти кишоварзӣ, балки саноати коркарди маҳсулоти кишоварзиро низ тақозо менамояд.
  2. Қонунгузории кишоварзиро дар самтҳои зерин такмил додан зарур аст:

- такмил додани қонунгузории кишоварзӣ бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо маводи озуқаворӣ, таъмини саноати коркарди ашёи хом, инчунин баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар;

  • ташаккули низоми идоракунии захираҳои замин ва об дар асоси тақсимоти одилона ва устувори онҳо барои парвариши зироатҳои кишоварзӣ;
  • бо мақсади беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берун монда таҳия ва қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мелиоратсияи заминҳо»;
  • такмили қонунгузории байторӣ дар самти хизматрасонӣ, фаъолияти байтории хусусӣ ва ғайра;
  •  такмили қонунгузорӣ дар самти ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ бо мақсади вусъат додани рушди истеҳсолоти хоҷагиҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
  • ташаккул ва рушди судманди низоми суғурта дар соҳаи кишоварзӣ яке аз вазифаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи кишоварзӣ»-ро тақозо менамояд, ки он барои ширкатҳои суғуртавии ватанӣ ва хориҷӣ шартҳои нисбатан ҷолибро фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки барои сармоягузории бахши кишоварзӣ шароити зарурӣ таъмин карда шавад;
  • барои таъмини ҳуқуқии рушди инфрасохтори бозорӣ ва танзими бозори озуқаворӣ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи харид ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқаворӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ», ҳамзамон танзими ҳуқуқии фаъолияти ташкилотҳои худтанзимшавандаи бахши кишоварзӣ (иттиҳод ва ассотсиатсияҳои соҳавии молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ) мувофиқи мақсад аст;
  • мукаммал гардонидани қонунгузорӣ дар бахши дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ;
  • рушди таъминоти техникии кишоварзӣ бо истифода аз лизинги молиявӣ ва агротехникӣ.
  1.  Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти муҳим доштани соҳаи энергетика дар сиёсати давлатии Тоҷикистон зарурати танзими мушаххаси ҳуқуқии масъалаҳои вобаста ба рушди ин соҳа ба миён меояд. Дар ин соҳаи муҳими стратегӣ бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои мавҷудаи ҳуқуқӣ, инчунин андешидани тадбирҳо доир ба истифодаи оқилонаву сарфакорона аз захираву имкониятҳои энергетикии кишвар, дуруст ба роҳ мондани истифодаи ҳарчи пурра ва самарабахши иқтидорҳои иншооти мавҷудаи энергетикӣ, андешидани тадбирҳо барои таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар дар навбати аввал меистад.
  2. Бо мақсади ҳалли мушкилоти мавҷуда анҷом додани чунин корҳо мувофиқи мақсад аст:
  • таҳлил ва омўзиши заминаҳои ҳуқуқии сохтмон, истифода ва азнавсозии силсилаи неругоҳҳои барқӣ дар дарёҳои кишвар бо дар назар доштани зиёд гардидани талабот ба «энергияи сабз»;
  • тақвият додани заминаҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати пурра истифода бурдани имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла бо роҳи фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодӣ барои ҷалби сармоягузории дохилӣ дар самти сохтмони неругоҳҳои хурду миёна, истеҳсол, истифода ва фурўши неруи барқ;
  • тақвият додани рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти интиқол ва фурўши неруи барқ дар заминаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ;
  • бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти стратегӣ доштани соҳаи энергетика ва бо мақсади таъмини истифодаи он ба манфиати аҳолии кишвар нигоҳ доштани монополияи давлат дар ин соҳа ва  таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ дар ин самт;
  • мукаммал намудани асосҳои қонунгузорӣ барои механизми идоракунии истифодаи захираҳои энергетикӣ ва ҳифзи муҳити зист ҳангоми амалинамоии фаъолияти энергетикӣ;
  • танзими нахргузории имтиёзноки истифодаи неруи барқ ба аҳолии кишвар бо дар назар доштани манбаи асосии тавлиди неруи барқ будани об, ки он тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодабарии самараноки онро ба манфиати халқ кафолат додааст.
  1. Бо рушди мавқеи инсон дар ҳама соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, талабот ба танзими ҳуқуқи гражданӣ зиёд мегардад. Дар ин ҷода Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши марказӣ дошта, танзими муносибатҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкии ба худмухторӣ ва баробарӣ асосёфтаи иштирокчиёни онро анҷом медиҳад. Баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои асосии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 зарур аст, ки дар заминаи дастовардҳои илми ҳуқуқи гражданӣ ва хусусияти миллӣ касб намудани сиёсати ҳуқуқии гражданӣ бояд қонунгузории гражданӣ такмил дода шавад. Барои ин зарур аст, ки ин корҳо анҷом дода шаванд:
  • танзими ҳуқуқии муносибатҳои гражданӣ бо дар назар доштани роҳ надодан ба гуногунии мавзўи танзими ҳуқуқи гражданӣ бо мавзўъҳои соҳаҳои дигари ҳуқуқи хусусӣ, бахусус дар ҷараёни мураттабсозии қонунгузорӣ;
  • дар қонунгузории гражданӣ ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои ғайримолумулкӣ фасли мустақил ҷудо нашудааст, ки тавонад тамоми хусусиятҳои ин падидаро фаро гирад. Ин дар ҳолест, ки он яке аз зерсоҳаи муҳими ҳуқуқи гражданӣ ба шумор меравад. Тавсифи алоҳидаи ин ҳуқуқҳо дақиқиро ба миён оварда, боиси фаъолгардии соҳибҳуқуқ шуда метавонад. Дар ин масъала тавозун байни зерсоҳаҳои ҳуқуқи гражданӣ вайрон гардидаанд. Аз ин нуқтаи назар беҳтар аст агар ҳуқуқҳои ғайримолумулкӣ дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як фасли алоҳида танзим гарданд. Дар он муқаррароти умумӣ ва ҳуқуқҳои ғайримолумулкие, ки ҳастии табиӣ ва иҷтимоии шахси воқеиро таъмин мекунанд, метавонад пешбинӣ гардад;
  • дар муомилоти гражданӣ гирифтани розигии шахси дигар (махсусан падару модар ё дигар шахсон) зиёд ба назар мерасад. Аз ҳамин лиҳоз, бояд дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои мушаххас доир ба шакл ва тартиби гирифтани чунин розигӣ ва оқибати ҳуқуқии он мушаххас гардад;
  • дар танзими уҳдадориҳое, ки дар натиҷаи расонидани зарар ба миён меоянд, як қатор мухолифат ва норасоиҳо мушоҳида мешаванд. Хусусан чунин вазъ дар мавриди ҷавобгарии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва шахсони мансабдор ҷой доранд. Аз ин рў, бо дар назар доштани қонунҳои махсус боби дахлдори Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд такмил дода шавад;
  • қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози муқаррар намудани қоидаҳои умумӣ таҳия шудааст, вале мутаассифона таҷрибаи зиёда аз даҳсолаи татбиқи он нишон дод, ки дар қисми моликияти зеҳнӣ он чандон самаранок намебошад. Дар ин муддат санадҳои зиёди меъёрии дорои сатҳи гуногун қабул шудаанд, вале бо сабаби набудани муқаррароти умумӣ баъзан дар фаҳмиш ва татбиқи онҳо мушкилот ба вуҷуд меояд. Бинобар ин, зарурати такмили қисми сеюми Кодекси гражданӣ дар бахши моликияти зеҳнӣ пеш омадааст. Дар ҳамин қисми кодекс зарурати муайян намудани хусусиятҳои ба мерос гузаштани корхона, воситаҳои нақлиёт, ҳуқуқҳои истисноӣ, ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва ғайра, супоришҳои меросгузор ва ҳиссаи ҳатмии меросӣ тибқи қонун ба вуҷуд омадааст;
  • бо сабаби ба вуҷуд омадани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар соҳаи манзил тезонидани раванди таҳия ва қабули Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • бо мақсади танзими муносибатҳои марбут ба сохтмони манзил бо ҷалби маблағҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва таъмини манфиатҳои қонунии саҳмгузорон таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии ҳиссагӣ дар сохтмони манзили истиқоматӣ».
  1. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими ҳуқуқии ақди никоҳ ва оила бо мақсади амалӣ намудани муқаррароти моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла таъмини ҳуқуқи инсон ба ташкили оила, солимии оила, тарбияи фарзандон равона гардидааст. Ҳамзамон, раванди афзоиши қатъи ақди никоҳ дар ҷумҳурӣ, амалӣ гардидани ҳадафҳои сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ақди никоҳ ва оила халалдор мекунад. Аз ин хотир, мониторинги мунтазами қайд ва қатъи ақди никоҳ, омилҳо ва сабабҳои он, таҳрезии роҳҳои мустаҳкам намудани оила яке аз ҳадафҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ақди никоҳ ва оила мебошад.
  2. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ақди никоҳ ва оила бо ҷалби васеи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бобати мустаҳкам намудани оила амалӣ карда мешавад. Ҷалби мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ (шўрои маҳалла, кумитаи маҳалла, кумитаи манзил) дар кори таблиғотиву ташвиқотӣ бо мақсади мустаҳкам намудани оила дар назар дошта мешавад. Бо мақсади танзими фаъолияти миёнаравӣ дар ҳалли низоъҳои дохилиоилавӣ қабули санади қонунгузории дахлдор ба мақсад мувофиқ мебошад.
  3. Самтҳои асосии танзими муносибатҳои оилавӣ роҳандозии масъалаҳои зеринро талаб мекунад:
  • танзими ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ бо дар назар доштани арзишҳои миллӣ;
  • такмили қонунгузории оилавӣ бо дар назар доштани мушкилоти мавҷуда;
  • баланд бардоштани масъулияти мақомоти дахлдори давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳо баҳри татбиқи пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»;
  • дар самти мустаҳкам кардани оила давра ба давра таъсис додани фонди давлатии таъмини алимент, фонди давлатии манзили истиқоматӣ барои модарони танҳо бо дар назар доштани вазъи иқтисодии кишвар.
  1. Бо мақсади тақвияти ҳадафҳои давлати иҷтимоӣ ва такмили асосҳои ҳуқуқии таъмини кафолати давлатии ҳимояи маъюбон ва кўдакони ятиму бепарастормонда қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи васоят ва парасторӣ» мувофиқи мақсад аст.
  2. Иқтисоди бозорӣ ва дастгирии бахши хусусӣ, аз ҷумла фаъолияти соҳибкорӣ заминаи асосии пешравии иқтисодиёти ватанӣ ва рушди давлатдорӣ гардида истодааст. Рў овардани ҷомеа ба иқтисоди бозорӣ, кафолат додани фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва дигар фаъолиятҳои бо қонун манънашуда дар сатҳи конститутсионӣ, озодии рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ, муҳайё намудани фазои ягонаи иқтисодӣ, шомилшавии кишвар ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ ҷиҳати кафолат додани гуногуншаклии моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ омили асосии рушди соҳибкорӣ ва такомул ёфтани он дар кишвар гаштааст.
  3.  Дар баробари ислоҳоти гузаронидашуда дар ин бахш анҷом додани корҳои зерин, ки ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад, мувофиқи мақсад аст:
    • омўзиши зарурат ва асоснокии таҳияи Кодекси соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
    • таҳияи тартиби пешниҳоди дастгирии давлатӣ ва имтиёзҳо барои истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони молу маҳсулоти ватанӣ баҳри воридоти таҷҳизоту технологияҳои нав;
    • гузаронидани омўзиш ва таҳлилҳои илмӣ бо дар назар доштани таҷрибаи давлатҳои пешқадам оид ба пешбинӣ намудани имтиёзҳо ҷиҳати ворид намудани ашёи хом барои рушди фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ;
    • такмили қонунгузорӣ дар самти кам кардани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва боз ҳам шаффофу содда гардонидани онҳо;
    • баланд бардоштани масъулияти Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати назорати қатъии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии амонатгузорон, пеш аз ҳама, нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ва иҷрои уҳдадориҳои бонкӣ;
    • фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ барои рушди босуръати минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ҳудудҳои индустриализатсияи нав;
    •  рушди    инфрасохтори    инноватсионӣ  –  шабакаи    интиқоли

технологияҳо, миёнаравҳои технологӣ, системаҳои экспертизаҳо, сертификатсия, стандартизатсия ва аккредитатсия;

  • ташаккули муҳити рақобатнок дар истеҳсолот ва бозори мол (кор, хизматрасонӣ);
  • кам ва содда намудани низоми иҷозатномадиҳӣ;
  • рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои муҳим оид ба инкишофи инфрасохтори истеҳсолӣ, аз ҷумла бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ;
  • бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкорӣ такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самтҳои бақайдгирии электронии соҳибкорон, гирифтани иҷозатномаҳо, сертификатҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ тариқи электронӣ,  супоридани ҳисоботҳои электронӣ ба мақомоти андоз, омор ва дигар сохторҳои марбута,  фаъол намудани истифодабарии имзои электронӣ, рушди идоракунии электронии корпоративӣ, рушди савдои электронӣ ва ғайраҳо.
  1. Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ дар кишвар инкишофи танзими давлативу ҳуқуқии фаъолияти сайёҳӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ хеле фаъол гардид. Пешрафти хизматрасонии сайёҳӣ, эътироф гардидани соҳаи сайёҳӣ ҳамчун соҳаи афзалиятноки рушди иқтисодиёти мамлакат, аъзо шудани кишвар ба Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ташкилу танзими ҳуқуқиву давлатии фаъолияти сайёҳӣ талаб намуд, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳиро ташкил медиҳанд.
  2.  Омилҳое, ки ба самаранокии сиёсати ҳуқуқии давлат дар соҳаи сайёҳӣ таъсири манфӣ мерасонанд, дуруст ва самаранок истифода нашудани имкониятҳои мавҷуда дар соҳаи сайёҳӣ ва пурра инкишоф наёфтани инфрасохтори сайёҳӣ, ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгў набудани сифати хизматрасонии сайёҳӣ, нокифоя будани танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, паст будани сатҳи сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ мебошад.
  3.  Барои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ анҷом додани корҳои зерин мувофиқи мақсад аст:
  •   қабул намудани таснифи ихтисос ва касбҳои соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба талаботи бозори меҳнат, омода намудани стандарти касбии кормандони инфрасохтори сайёҳӣ бо дар назар доштани самтҳои нави ихтисосҳои соҳаи сайёҳӣ;
  • мусоидат ба инкишофи пардохти ғайринақдӣ дар низоми савдо ва хизматрасониҳо;
  • дастгирии рушди ҳамкориҳои байналмилалии сайёҳӣ;
  • ташаккули муҳити рақобатнок дар бозори хизматрасониҳои сайёҳӣ;
  • имтиёз додан, мусоидат кардан барои ворид намудани техника ва таҷҳизоти барои рушди сайёҳӣ мусоидаткунанда.
  1. Гузариш ба иқтисоди бозорӣ танзими шартномавии муносибатҳои меҳнатиро бемайлон афзун намуд. Муносибатҳои иқтисодии бозорӣ боиси дигаргунии моҳият ва мазмуни муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ, усул, сарчашмаҳо ва принсипҳои танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ гардид.
  2.  Дар соҳаи ҳуқуқи меҳнат як қатор мушкилиҳои ҳуқуқӣ низ ҷой доранд, ки барои ҳалли онҳо зарурати анҷом додани корҳои зерин ба мақсад мувофиқ мебошад:
  •  таҷдиди назар намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба фаъолияти меҳнатии онҳо;
  •  тадриҷан мутобиқ намудани музди маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ ба талаботи шароити зиндагии арзанда ва таҷдиди назар намудани таснифоти тарифии андозаи музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ва дигар кормандони соҳаҳои буҷетӣ;
  •  ҷорӣ намудани кумакпулии яквақтаинаи иҷтимоӣ ҳангоми баромадан ба рухсатии навбатии меҳнатӣ;
  • такмили заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи меҳнат ва таъмини техникаи бехатарӣ;
  • мунтазам ба роҳ мондани индексатсияи музди меҳнат, муайян намудани ҳад ва тартиби индексатсия;
  • батанзимдарории тартиби баррасии тосудии баҳсҳои меҳнатӣ;
  • таҷдиди назар намудани мутобиқати маоши ҳадди ақал ба сабади истеъмолӣ;
  • пешбинӣ намудани ҷавобгарии интизомии корфармо ва тартиби он;
  • бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ идома додани такмили қонунгузорӣ ва густариш додани муносибатҳои байналмилалӣ бо давлатҳои қабулкунандагони муҳоҷирони меҳнатӣ.
  1. Дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ тағйироти амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ дар ҷомеа ба вуқўъ пайваст ва он таъсири худро ба сатҳи некуаҳволии табақаҳои ниёзманди ҷумҳурӣ расонид. Дар раванди дигаргунсозиҳо ва гузариш ба иқтисоди бозорӣ, ҷумҳурӣ бо зарурати аз нав дида баромадани усулҳои бунёдии соҳаи сиёсати иҷтимоӣ, маҳз дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва кафолатҳои иҷтимоӣ дучор омад. Низоми мураттаби ҳифзи иҷтимоӣ бо иқтисодиёти давраи гузариш унсури муҳими рушди иқтисодӣ, устувории иҷтимоӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Марҳалаи кунунии рушди ҷомеа бо мавҷудияти бекории пинҳонӣ, тафриқаи намоёни вазъи иҷтимоӣ, имконияти то андоза маҳдуди иқтисодии қисми асосии аҳолӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ислоҳоти низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолиро гузошт.
  2. Дар соҳаи ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ анҷом додани чунин корҳо мувофиқи мақсад аст:
    • таъмини самаранокии танзими ҳуқуқии муносибатҳои таъминоти иҷтимоӣ бо дар назар доштани мутаносибии байни сабади истеъмолӣ ва нархҳои воқеии бозорӣ;
    • ҷорӣ намудани механизми таъминоти иҷтимоӣ барои барқарор намудани қобилияти корӣ ҳангоми ба рухсатии меҳнатӣ баромадани корманд;
  • амалигардонии рушди низоми ғайридавлатии таъминоти нафақа бо дастгирии бевосита ва назорати доимии давлатӣ;
  •  таҳия ва ҷорӣ намудани механизмҳои амалии суғуртаи ҳатмии тиббӣ ва рушди тадбирҳои оммавӣ оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим;
  • бунёд ва ҷорӣ намудани низоми «равзанаи ягона» дар раванди бақайдгирӣ ва бурдани шаклҳои алоҳидаи ҳифзи иҷтимоӣ, таҳия ва ҷорӣ намудани механизмҳои муносиби маблағгузории таъминоти иҷтимоӣ;
  •  аз байн бурдани маҳдудиятҳо ҳангоми пардохти нафақапулиҳои суғуртавӣ (меҳнатӣ), ҷорӣ намудани механизмҳои озодона ихтиёрдорӣ намудани андўхти нафақавӣ, мероси нафақа аз ҷониби шахси нафақагир;
  • ҳифзи иҷтимоии оилаҳо ва кўдакони дар вазъи мушкили ҳаётӣ қарордошта тавассути пешниҳоди кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ дар асоси арзёбии дараҷаи ниёзмандӣ, таҳия ва ҷорӣ намудани стандартҳои минималии хизматрасониҳои иҷтимоӣ;
  • бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии заноне, ки дар рухсатии нигоҳубини кудак қарор доранд, таҷдиди назар намудани андозаи кумакпулӣ вобаста ба нигоҳубини кўдак;
  • ба таври дахлдор ба роҳ мондани хизматрасонии таълимӣ ва тиббии ройгон ба қишри камбизоати аҳолӣ.
  1. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ, ки адолати судиро оид ба парвандаҳои гражданӣ, дастрасии он, сари вақт, муносиб ва самаранок ҳимоя гардидани ҳуқуқ ва озодии шахсият, манфиати ҷомеа ва давлатро дар бештари мавридҳо таъмин менамояд, амал мекунад. Ҳуқуқи мурофиавии граждании амалкунанда ба принсипҳои конститутсионии мубоҳисавӣ, баробарҳуқуқии тарафҳо, диспозитивӣ ва ошкоро будани баррасии парвандаҳои гражданӣ дар суд асосан мутобиқ буда, меъёрҳои он ҷавобгўи талаботи стандартҳои байналмилалии муҳокимаи одилонаи судӣ мебошад.
  2.  Ҳамзамон, дар самти рушди ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ анҷом додани корҳои зерин мувофиқи мақсад аст:
    • муайян намудани роҳҳои беҳтар кардани таъмини саривақтӣ, матлуб ва самаранок анҷом додани адолати судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, ҳамзамон дастрасии адолати судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ ба мақсади воқеан амалӣ гаштани ҳуқуқи конститутсионии ҳар кас ба ҳимояи судӣ;
    • тавсеаи амали принсипҳои мубоҳисавӣ, диспозитивӣ, ошкоро будани муҳокимаи адолати судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, ҳамчунин барқарор намудани принсипи бефосилагии муҳокимаи судии парвандаҳои гражданӣ;
  • мушаххасгардонии давраи омодасозии парвандаи гражданӣ ба муҳокимаи судӣ тавассути пешбинӣ намудани мўҳлати ҷудогонаи давраи зикршуда, такмили раванди пешниҳоди далелҳо ва мубодилаи ҳуҷҷатҳои мубоҳисавӣ;
    • рушди институти муҳокимаи судӣ дар суди марҳилаи назоратӣ бо роҳи таҷдиди назар намудани муҳлатҳо, ихтисори зинаҳои давраи мазкур, инчунин маҳдуд кардани асосҳои бекор кардани санадҳои судӣ;
    • бо мақсади таъмини шаффофияти мурофиаи судии гражданӣ ва бо дар назар доштани таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ такмили қонунгузорӣ вобаста ба дастрасӣ ба маълумот дар бораи фаъолияти судҳо;
    • пешбинӣ намудани медиатсия ҳамчун шакли баррасӣ ва ҳал намудани баҳсҳои хусусии ҳуқуқӣ ва такмили муҳокимаи судии ҳакамӣ;
    • такмили давраи истеҳсолоти иҷро бо роҳи таҷдиди назар намудани воситаҳои таъмини иҷрои санадҳои судӣ тавассути ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ, бартараф намудани номувофиқатӣ байни меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ва танзимкунандаи истеҳсолоти иҷро.
  1.  Тибқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мурофиаи ҷиноятӣ дар асоси эътирофи принсипҳои ҳимояи судӣ, эҳтимолияти бегуноҳӣ, мубоҳиса ва баробарии тарафҳо, ошкоро будани муҳокимаи судӣ ва дигарҳо ба роҳ монда шудааст. Мурофиаи ҷиноятӣ аз мурофиаи айбдоркунӣ ба мурофиаи мубоҳисавӣ табдил дода шуд. Мурофиаи ҷиноятӣ чун тарзи маъруфи ҳифзи ҳуқуқи инсон аз таҷовузҳои ҷинояткорона ва аз ғайриқонунӣ маҳдуд намудани ҳуқуқ ва таъқиби беасос оид ба парвандаи ҷиноятӣ эътироф шуда, баҳри таъмин намудани адолат равона карда шудааст. Чунин фаҳмиши мурофиаи ҷиноятӣ ғояи асосӣ буда, дурнамои рушди сиёсати ҳуқуқии давлатро дар ҷодаи адлияи ҷиноятӣ ифода менамояд.
  2. Муносибати байниҳамдигарии шахсият бо давлат аз ҳаллу фасли одилонаи парвандаҳо аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ва судӣ вобастагӣ дорад. Стандарти муҳокимаи одилонаи парвандаҳои ҷиноятиро маҳз қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ пешбинӣ менамояд, ки бинобар рўзафзун будани талаботи инсон бояд мунтазам такмил ёбад.
  3.  Бо таъмин намудани мурофиаи одилонаи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ корҳои зерин бояд пеш бурда шавад:
    • моҳияти консепсияи сиёсати ҳуқуқӣ то шуури ҳар як шаҳрванд расонида шавад. Муҳим аст, ки мазмуни мурофиаи ҷиноятӣ ҳамчун тарзи маъруфи ҳифзи ҳуқуқи инсон аз таҷовузҳои ҷинояткорона ва аз ғайриқонунӣ маҳдуд намудани ҳуқуқ ва таъқиби беасос оид ба парвандаи ҷиноятӣ дарку талқин карда шавад. Мақсади чунин мурофиа таъмин намудани адолати ҳуқуқӣ ва субот (оромӣ) мебошад;
    • инкишофи ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ бар асоси ғояҳои конститутсионии мурофиаи ҷиноятӣ, стандартҳои муҳокимаи одилонаи судӣ, вобаста ба талаботи ҳаёт, амалия ва имконияти давлат бояд сурат гирад;
    • механизм ва тартиби мурофиавии иҷрои муқаррароти конститутсионӣ ва стандартҳои байналмилалии муҳокимаи одилонаи судӣ ҳаматарафа ва мукаммал таҳия ва амалӣ карда шавад (аз ҷумла, ёрии ҳуқуқӣ, гарав, ба тафтишоти иловагӣ баргардонидани парванда аз давраи муҳокимаи судӣ, тартиби баррасии судии шикоят аз қарори прокурор ё тартиби ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ намудани шикоят аз болои татбиқи ҳабси пешакӣ ва ғайра);
    • арзиши олӣ эътироф шудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў, афзалияти он ҳангоми таҳияи қонунгузорӣ оид ба муқаррар намудани мақоми мурофиавии ҷабрдида ва гумонбар ба инобат гирифта шудааст, вале механизми амалӣ намудани он тавассути тартиботи мурофиавӣ мукаммал нашудааст. Бо дар назар доштани мақсади мурофиаи ҷиноятӣ, яъне таъмин намудани адолати судӣ, таъмин намудани тавозуни манфиати шахс ва давлат, бо ба инобат гирифтани қадру қимати инсон, аҳволи бади ҷабрдида, имконияти бахшидани гуноҳи ҳамдигар дар мурофиаи ҷиноятӣ бояд тарҳи барномаҳое раво дониста шаванд, ки баҳри барқарор намудани адолат, ҳуқуқ ва манфиатҳои поймолгашта равона шуда бошад. Ба маънои дигар, адолати судӣ характери ҷазодиҳанда не, балки тарбиявию барқароркунанда гирад. Мақсади асосии адлияи барқароркунанда ин аст, ки гунаҳгор дар он уҳдадор мешавад, ки зарари ба ҷабрдида расонидаро ба роҳи қонунӣ ҷуброн намояд ва давлат ба он мусоидат кунад. Бинобар ин, дар самти адлияи ҷиноятӣ барномаи вохўрии ҷабрдидаву гумонбаршаванда, оштӣ бо ҷабрдида, ҷуброни зарари ҷабрдида, иваз шудани ҷазои маҳруми аз озодӣ ба намудҳои дигари ҷазо, татбиқи барномаи табобати майзадагӣ ва ё нашъамандӣ бар ивази таъқиби ҷиноятӣ, истифодаи чораҳои ҳавасмандгардонии мусоидату ёрӣ ба мурофиаи ҷиноятӣ васеъ истифода карда шаванд;
    • низоми қонуният дар мурофиаи ҷиноятӣ бояд риоя карда шавад. Ин ба мақомот ва шахсони мансабдор ва ҳам ба дигар иштирокчиёни мурофиаи дахл дорад, дар акси ҳол мурофиа (тартиботи дахлдори ҳуқуқӣ) маънои худро гум менамояд. Аз ин рў, қоидаи беъэтибор донистани натиҷаҳои амалҳои ғайриқонунӣ, истисно намудани далелҳои ғайриқонунӣ таҳия ва ба Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ ворид карда шуда, ҷавобгарии мурофиавии иштирокчиён амалӣ карда шавад;
    • ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, ҳамчун фаъолияти муҳими мусоидаткунанда ба мурофиаи ҷиноятӣ, ки пинҳонӣ ва яктарафа анҷом меёбад, муносибат намуда, дар оянда ҷанбаҳои мурофиавии ин фаъолият коркард шуда, натиҷаи онро тибқи қоидаи далеловарӣ бо қонунгузорӣ ба расмият медарорад, ки дар мурофиаи ҷиноятӣ мавриди истифода қарор дода шавад;
    • аз давраи муҳокимаи судӣ баргардонидани парвандаи ҷиноятӣ ба тафтиши иловагӣ ба принсипи ҳимояи судӣ, ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ, ҳуқуқи маҳкум шудан бидуни мавқуфгузории беасос мухолифат мекунад ва ин муқаррарот бояд таҷдиди назар карда шавад;
    • фаъолнокии принсипҳои озодӣ ва ихтиёрӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ густариш дода шавад. Вобаста ба ин, институтҳои соҳаи ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ такмил дода шаванд. Аз ҷумла, теъдоди ҷиноятҳое, ки ба тартиби хусусӣ тафтиш карда мешаванд, бояд зиёд шуда, муҳокимаву баррасии он танҳо аз ҷониби суд ба амал бароварда шавад;
    • истифодабарии рўёнидани зараре, ки дар натиҷаи амали ғайриқонунии суд ва мақомоти таъқиб ба шахс расонида шудааст, ҳамчун кафолати амали дуруст ва қонунии давлат баррасӣ карда шавад;
    • хусусиятҳои пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба доираи муайяни шахсони мансабдор омода карда шавад;
    • бо дар назар доштани мансубият ва қобили қабул будани далелҳои барои тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ҷамъоварда, гузаронидани экспертиза аз ҷониби мақомоти дар як вақт таҳқиқ ва тафтиши пешакиро амаликунанда таҷдиди назар карда шавад.

 

5. СИЁСАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР СОҲАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ,
ТАРҒИБУ ТАШВИҚИҲУҚУҚӢ ВА ЁРИИ ҲУҚУҚӢ

 

  1. Баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ҳамчун фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, шаҳрвандон оид ба муайян намудани мақсадҳо, вазифаҳо, афзалиятҳо, воситаҳо, шаклҳои тарбияи ҳуқуқӣ баромад намуда, тавассути таъмини сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ, тарғиби ҳуқуқӣ, инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ ва тарбияи кадрҳои ҳуқуқшиносони касбӣ амалӣ мешавад.
  2. Тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати тарбиявии давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигар тарбияи инсон бояд анҷом дода шавад. Ташаккули инсони комил истифодаи якҷояи ҳамаи намудҳои тарбияро талаб мекунад. Тарбияи ҳуқуқӣ бо дар назар доштани арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад.
  3. Сиёсати ҳуқуқӣ дар соҳаи таълими ҳуқуқӣ ҳалли вазифаҳои зеринро пешбинӣ менамояд: тарбияи кадрҳои ҳуқуқшиносӣ касбии баландихтисос, ки барои фаъолияти ҳуқуқӣ дар шароити вусъати равобити байналмилалӣ омода мебошанд, такмили сиёсати таҳсилот дар соҳаи тарбияи кадрҳои ҳуқуқшинос, баланд намудани сатҳи донишомўзии ҳуқуқи байналмилалӣ бо дар назар доштани дурнамои ҳалли бахсҳои ҳуқуқӣ дар судҳои байналмилалӣ, такмили тахассус пас аз гирифтани таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, омода намудани кадрҳои дорои донишҳои махсуси иттилоотӣ дар шароити васеъ шудани иттилои ҳуқуқӣ, таҳдидҳо ба амнияти иттилоотии ҷумҳурӣ, тарбияи кадрҳои нави ҳуқуқшиносон, ки барои кор дар шароити роҳандозии ҳукумати электронӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар амалияи ҳуқуқшиносӣ омодаанд, мустаҳкам намудани унсурҳои иттилоотӣ ва технологии сиёсати таҳсилот бо дар назар доштани ворид шудани технологияҳои иттилоотӣ дар амалияи ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани махзани иттилоотии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, иттилоъгардонии фаъолияти судӣ, тафтишотӣ, мурофиавӣ, оперативӣ-ҷустуҷўӣ, иттилои ҳуқуқӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ.
  4. Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрванд, ки бевосита аз сифат ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ вобаста мебошад, метавонад ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба қонун ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосӣ ва калидии батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, паст шудани сатҳи нигилизми ҳуқуқӣ, инчунин дар ботини шахс ба вуҷуд овардани эътиқод ба рафтори ҳуқуқӣ, ташаккули масъулият оид ба итоат кардан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намояд ва шаҳрванд худро дар ҷомеа комилан озод ва бехатар эҳсос намояд.
  5. Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ андешидани чораҳои зерин мувофиқи мақсад аст:
  • ҷоннок кардани корҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ дар асоси ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;
  • таъмини мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо нашрияи расмии иттилоотӣ-ҳуқуқӣ;
  • ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба онҳо;
  • таъсис додани сомонаи ягонаи миллӣ бо ҷойгир кардани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • такмил додани механизми коркарди муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун унсури муҳими баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар асоси ворид кардани дастовардҳои нави илму технология, пурзўр кардани назорати ҷамъиятӣ.
  1. Яке аз омилҳои босамар амалӣ гаштани сиёсати ҳуқуқии давлат ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ин инкишоф додани илми ҳуқуқшиносӣ дар давлат мебошад. Пояи қонунгузорӣ ва сиёсати ҳуқуқии кишварро тадқиқотҳои илмӣ ташкил медиҳанд, ки дар онҳо масоили гуногуни доғи рўз ҳамаҷониба таҳлилу таҳқиқ мешаванд, ҷанбаҳои гуногуни он, аз ҷумла қонуниятҳои рушди онҳо ошкор гардида, таҷрибаи давлатҳои дигар, таҷрибаи таърихию ҳуқуқии давлатдории тоҷикон омўхта мешаванд. Таъсиси институти илмӣ-тадқиқотӣ оид ба давлат ва ҳуқуқ дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи ҳуқуқ имконият фароҳам оварда, метавонад такягоҳи бузурги илмии сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолият гашта, сабаби боло рафтани обрўю эътибори кишвар, такмили қонунҳо, рушди таҷрибаи илмию амалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гардад ва дар мўҳлати кўтоҳ инчунин норасоии кадрии илмии кишварро дар соҳаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ кам намояд.
  2. Бо мақсади мутобиқу муносибгардонии фаъолияти муассисаҳои такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муттаҳид намудани онҳо ба муассисаи ягонаи марказонидашуда ва доимоамалкунанда ба роҳ монда шавад.
  3. Яке аз унсури асосӣ ва калидии раванди болоравии фарҳанги ҳуқуқӣ ин тарғиботи ҳуқуқӣ мебошад. Тарғиботи ҳуқуқӣ раванди мақсаднок ва идорашаванда мебошад, ки амалишавии бомуваффақияти он таъминоти пурқуввати иттилоотиро талаб менамояд. Тарғиботи ҳуқуқӣ ҳамон вақт самаранок буда, натиҷаи интизоршавандаро ба вуҷуд оварда метавонад, ки агар субъектони тарғиботи ҳуқуқӣ бо тағйироти иҷтимоӣ-ҳуқуқие, ки дар ҷомеа рух додаанд ба хубӣ огоҳ бошанд. Дар корҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғиботи ҳуқуқӣ, воситаҳои ахбори омма мавқеи хоса дошта, аз имкониятҳои он бояд ба таври васеъ истифода бурда шавад.
  4. Заминаи асосии ба роҳ мондан ва ташаккул додани низоми давлатии ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар он Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд эълон гардида, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ эътироф шуда, ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад. Дар баробари кафолати ҳимояи судие, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардидааст, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳуқуқҳои шаҳрвандонро оид ба ёрии ҳуқуқии ройгон пешбинӣ менамоянд.
  5. Муҳим будани масъалаи рушди ёрии ҳуқуқии ройгон дар Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015 дарҷ гардидааст. Консепсияи мазкур таҷрибакунонӣ ва таҳияи низоми идоракунӣ доир ба расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ва ҷорӣ намудани намунаҳои (моделҳои) мухталифи ёрии ҳуқуқии ройгонро пешбинӣ менамояд. Бо дар назар доштани  натиҷаҳои таҷрибакунонӣ ва таъмини дастрасии аҳолӣ, аз ҷумла қишри осебпазири ҷомеа ба адолати судӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ зарур аст. Ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа аз тартиб додани ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, ҳимоя аз таъқиби ҷиноятӣ, намояндагии шаҳрвандон дар судҳо ва дигар мақомоти давлатӣ иборат мебошад.
  6.  Андешидани чораҳои муассир барои дар амал татбиқ гардидани талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаи ройгон яке аз афзалиятҳои давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Таҳлилу омўзишҳо собит намуданд, ки ба роҳ мондани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа дар тамоми давлатҳои ҷаҳон, ҳатто дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта ва тараққиёфта низ мушкилоту муаммоҳои зиёд дорад. Чунки ба ин самт аз ҳисоби буҷети давлат бояд маблағҳои зиёд равона карда шаванд. Аз ин лиҳоз, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули низоми расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа бояд зина ба зина амалӣ карда шуда, сараввал дар доираи мурофиаи ҷиноятӣ ва сипас бо дар назар доштани рушди иқтисоди миллӣ, дар дигар соҳаҳои ҳуқуқҳои мурофиавӣ низ ба роҳ монда шавад.

 

6. СИЁСАТИ ҲУҚУҚИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

  1. Истиқлолияти давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд, ки ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардида, узви Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва беш аз 50 созмонҳои байналмилалию минтақавӣ пазируфта шавад.
  2. Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамуда сиёсати ҳуқуқии хориҷии худро дар асоси меъёру принсипҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ бо ҳадаф ва манфиатҳои миллии зерин муайян ва амалӣ менамояд:
  • ҳимоя ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва таъмини амнияти миллии он дар арсаи байналмилалӣ;
  • эҷоди ҳусни ҳамҷаворӣ ва амниятӣ дар тўли марзҳои кишвар;
  • инкишофи муносибатҳои боварӣ, дўстӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои олам дар асоси манфиатҳои мутақобила;
  • фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини амнияти иқтисодии кишвар;
  • таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон, дастёб шудан ба амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар тавассути ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ;
  • таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо, эътибор ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар;
  • тақвияти шинохти мусбати Тоҷикистон дар ҷаҳон ба ҳайси давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ;
  • мусоидат ба фаъолияти созанда ва қонунии ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанон дар кишварҳои дигар.
  1. Яке аз дастовардҳои бузурги Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ин ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, ба шумор меравад, ки бо шарофати чунин сиёсати хориҷӣ, Тоҷикистон марҳила ба марҳила дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намуда, муносибат ва ҳамкориҳои гуногунро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ ба роҳ мондааст.
  2. Сиёсати ҳуқуқии кишвар роҳандозии чунин сиёсати хориҷиро пешбинӣ менамояд, ки он ба мутобиқ намудани рушди давлати Тоҷикистон ба равандҳои тавсеаёбандаи ҳамгироӣ, минтақавишавӣ ва ҷаҳонишавӣ мусоидат намояд, имкониятҳои муносиби навро ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи таҳдиду хатарҳои имконнопазир ва амнияти миллии он фароҳам оварад, заминаҳои мусоидро барои татбиқи пайгиронаи манфиатҳои миллӣ дар асоси воқеъбинӣ ва мутавозӣ таъмин намояд.
  3. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба эҳтироми бечунучарои ҳуқуқи байналмилалӣ асос ёфта, ҷиҳати ноил шудан ба ҳадаф ва манфиатҳои миллӣ равона гардида, ба роҳ мондани муносибатҳои дўстона ва мутақобилан судмандро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ тақозо менамояд. Бо чунин дар назар доштан самтҳои афзалияти сиёсати хориҷии Тоҷикистонро дипломатияи дуҷониба, бисёрҷониба, иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи об, фарҳангӣ, башардўстона ва иттилоотӣ ташкил медиҳад.
  4. Ихтилофот байни меъёрҳои ҳуқуқи миллӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳдидҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, низоъҳои байналмилалӣ, паҳнгардии силоҳи ядроӣ, кимиёвӣ ва биологӣ, терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, номукаммалии кафолати амнияти ҷаҳониву минтақавӣ, номувофиқатии манфиатҳои кишварҳои абарқудрат, дастёб нашудани ҳалли мухолифатҳо байни кишварҳо, бархурди тамаддунҳо, ҳал нагаштани баҳсҳои марбут ба об дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон, эҳтиром нагузоштан ба демократия ва поймолгардии ҳуқуқи инсон ба самаранокии сиёсати ҳуқуқи байналмилалӣ таъсири манфӣ мерасонанд.
  5. Барои таҳкими сиёсати байналмилалии ҳуқуқии кишвар дар марҳилаи имрўза бо дар назар доштани манфиатҳо, хусусиятҳои фарҳангӣ-таърихӣ ва маънавӣ-ахлоқии миллӣ зарур аст:
  • муайян намудани вазъи воқеии қонунгузории миллӣ дар таносуб бо раванди инкишофи муносибатҳои ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ ва хусусӣ;
  • таҳлили мунтазами дақиқ ва бартарафсозии мухолифатҳои қонунгузории миллӣ бо санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;
  • истифодаи васеъ аз ҳуқуқи изҳори тавзеҳот ва шаклҳои он дар ҷараёни ифодаи ризоият ба бастани шартномаҳои байналмилалии бисёрҷониба, махсусан дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ;
  • ба миён овардани муҳити солими рақобатпазири ширкатҳои миллӣ дар амалисозии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ тавассути ташкили ширкатҳои фаромилии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика ва таъминоти оби нўшокӣ;
  • вусъати муносибатҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бо таваҷҷуҳ ба манфиатҳо ва хатарҳои якҷояшавии иқтисоди ҷаҳонӣ дар ҳамбастагӣ бо ҳамкориҳои минтақавӣ ва байниминтақавӣ, собит нигоҳ доштани ҳуввият, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ;
  • густариш додани ҳамкориҳои судманд ва мутақобилаи дуҷониба ва бисёрҷониба дар бахши истифодаи захираҳои обӣ, аз ҷумла, татбиқ намудани муқаррароти қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»;
  • мусоидат ба таъсис додан ва ворид шудан ба ҳамгироиҳои нави иқтисодӣ бо мақсади таъсиси бозори ягона, ҳаракати озодонаи одамон, таҳвили озоди мол, кор ва хизматрасонӣ;
  • густариш додани ҳамкориҳои байналмилалии ҳуқуқии дуҷониба ва бисёрҷониба дар бахши муқовимат бо ҳуқуқвайронкуниҳои байналмилалӣ, аз ҷумла терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ғайра;
  • такмил додани фаъолияти муассисаҳои консулӣ дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла агенти консулӣ дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳани кишварҳое, ки дар онҳо ё ҳамсоягии онҳо низоъҳои мусаллаҳона ҷараён доранд бо мақсади пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандони кишвар ба гурўҳҳои тундрав;
  • густариш додани ҳамкориҳои байналмилалӣ бо Агентии Байналмилалии Неруи Атомӣ, Иттиҳоди Аврупо ва созмону ниҳодҳои дигари байналмилалӣ баҳри бартараф намудани мушкилоти муҳити зист, аз ҷумла безараргардонӣ ва маҳви партовҳои радиоактивӣ дар ҳудуди кишвар;
  • густариш додани ҳамкориҳои байналмилалии ҳуқуқии дуҷониба ва бисёрҷониба оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла пешгирӣ намудани обшавии пиряхҳои кишвар;
  • густариш додани ҳамкориҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ бо дар назар доштани ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ.

 

7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

  1. Пурра амалӣ гардидани Консепсия андешидани чораҳои ташкилӣ, техникӣ, моддӣ, молиявӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ, ҳамчунин иштироки фаъолонаи мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандонро талаб мекунад.
  2. Консепсияи мазкур тавассути таҳияи нақшаи чорабиниҳо барои ҳар ду сол амалӣ мегардад.
  3. Маблағгузории Консепсия аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, инчунин дигар маблағҳои ғайрибуҷетӣ, грантҳо ва сарчашмаҳои иловагие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ мегардад.
  4. Дар рафти пурра амалӣ гардидани Консепсия ба даст овардани натиҷаҳои зерин дар назар дошта мешаванд:
  • рушди ҳаёти ҳуқуқии ҷомеа дар иртибот бо талаботи нави ҷомеа ва равандҳои инкишофи ҳуқуқӣ дар ҷаҳони мутамаддин;
  • инкишофи ҳамаи унсурҳои низоми ҳуқуқии Тоҷикистон –соҳаҳои ҳуқуқ ва институтҳои ҳуқуқ, қонунгузорӣ ва мураттабсозии он, ҳуқуқэҷодкунӣ, амалисозӣ, татбиқ ва тафсири ҳуқуқ, илми ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, шуурнокии ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ;
  • таҳкими асосҳои миллии низоми ҳуқуқии Тоҷикистон, аз ҷумла истифодаи васеи арзишҳои фарҳанги ҳуқуқии миллӣ;
  • такмили асосҳои ташкилии низоми ҳуқуқи Тоҷикистон дар иртибот бо инкишофи соҳаҳо ва институтҳои анъанавии ташаккулу инкишофи соҳаҳо ва институтҳои нави ҳуқуқ дар шароити тағйирёбии талаботи танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ;
  • такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба рушди устувори ҷомеа, таҳкими истиқлолияти давлат, идоракунии давлатӣ, инкишофи ҳаёти ҳуқуқӣ, ворид гаштани Тоҷикистон ба фазои ҳуқуқии минтақавӣ ва байналмилалӣ;
  • таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, асосҳои ҳуқуқии идоракунии давлатӣ, сиёсати кадрӣ, фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, татбиқ ва тафсири ҳуқуқ, фаъолияти судҳо, мақомоти адлия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолият дар соҳаи таълиму тарбияи ҳуқуқӣ;
  • такмили тарзҳо, воситаҳо ва усулҳои танзими ҳуқуқӣ бо дар назар доштани рушди муносибатҳои ҳуқуқии давлатӣ ва хусусӣ, вазъи ҳуқуқии шахс, озодии фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, эҷодӣ, илмӣ;
  • таҳкими кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва механизми ҳуқуқии ҳифзи онҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ;
  • омўзиши зарурати таъсис додани институти илмӣ-тадқиқотӣ оид ба давлат ва ҳуқуқ дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва шуурнокии ҳуқуқии аҳолӣ, сифати таълиму тарбияи ҳуқуқӣ, рушди фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа.
  1. Татбиқи Консепсия ба зиммаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ба мақомоти судии ҷумҳурӣ, вазоратҳои адлия, кишоварзӣ, корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ вогузор карда мешавад.

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)