ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1808 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ» Маҷлиси Олии ҶТ 23.12.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1831 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ» Маҷлиси Олии ҶТ 23.12.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1845 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ ЭНЕРГИЯИ АТОМӢ» Маҷлиси Олии ҶТ 23.12.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ИСТИФОДАИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

-A A +A
Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Чшб, 02/10/2024 - 16:58
    Мояи сарфарозии ҳар як фарди миллат аст, ки имрӯз забони давлати тоҷикон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ садо медиҳад.
 Эмомалӣ Раҳмон
 
     Мутобиқи моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст”. Воқеан забон воситаи муҳимми шинохти миллат, василаи маҳфуз доштани мероси гаронбаҳои маънавии миллати тоҷик ва яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ҳамчун воситаи муттаҳидии халқи тоҷик, ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ мавқеи конститутсионӣ дошта, пайваста ситоиш, тарғиб ва ҳифзи он зери таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу - ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, омӯзиши таърихи пурғановати забони тоҷикӣ ва арҷгузорӣ ба он дар шоҳкорие бо номи “Забони миллат - ҳастии миллат” нашр гардидааст.
     Забони давлатӣ заминаҳои устувори ҳуқуқиро соҳиб гашта, густариш ва баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ бобати инкишофи муносибатҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, сиёсиву иқтисодии кишвар меҳвари сиёсати давлатиро соҳиб гардидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби истифода, ҳифз ва устувор нигоҳ доштани он мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 5 октябри соли 2009 танзим мегардад. То соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун дар бораи забони давлатӣ, ки 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шурои Олии Тоҷикистон қабул гардида буд муддати 20 сол амал менамуд. Ҳамзамон, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба забон ва баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012 ва Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №647 қабул шуда зина ба зина амалӣ гардида истодааст.
   Боби 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” истифодаи забони давлатиро дар муносибатҳои байналмилалӣ танзим менамояд.
     Дар муносибатҳои байналмилалӣ гуфтушунидҳо ва мукотибот бо намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, бо забони давлатӣ ва забонҳои расмии онҳо сурат мегиранд. Ҳангоми зарурат дар чунин муносибатҳо истифодаи дигар забонҳо маҳдуд намегардад. Ҳамзамон мувофиқи моддаи 23 қонуни болозикр фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, инчунин созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ бо забони давлатӣ, забонҳои расмии кишварҳои қарордошта сурат мегирад. Масалан ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ аз 8 ноябри соли 2023 дар ду нусхаи асл ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва англисӣ ба имзо расида ҳамаи матнҳои он эътибори баробар доранд. Дар сурати ба миён омадани ихтилофот дар тафсири он, афзалият ба матни забони англисӣ дода шудааст. Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 23 июли 2016 №1326, шартномаҳои байналмилалии дуҷониба ва бисёрҷониба бо забонҳои давлатии ҷонибҳои иштирокчии гуфтушунидҳо баста мешаванд. Тағйиру иловаҳо низ ба шартномаҳои байналмилалӣ бо забонҳое, ки онҳо баста шудаанд, ворид карда мешавад. Аз инҷо хулоса намудан мумкин аст, ки дар бастани шартномаи байналмилалӣ тарафҳо бо ризоияти якдигар забони шартномаро интихоб менамоянд.
     Аз адабиётҳои ҳуқуқӣ бар меояд, ки то асри 17 шарномаҳои байналхалқӣ бо забони лотинӣ баста мешуд. Дар миёнаҳои асри 18 бошад, забони расмии ҳуҷҷатҳои дипломатӣ ва шарномаҳои байналхалқӣ забони фаронсавӣ интихоб гардид. Баробарии забонҳоро дар муносибатҳои байналхалқӣ Инқилоби Октябр ба вуҷуд овард, ки минбаъд шартномаҳои дутарафа басташуда бо ду забон, яъне забонҳои тарафҳои шартнома навишта мешуданд.  Айни замон аз ҷониби СММ забонҳои англисӣ, русӣ, хитоӣ, арабӣ, испанӣ ва фаронсавӣ ҳамчун забонҳои расмӣ эътироф гардидаанд. Амалияи шартномаҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки шартномаҳои байналмилалӣ бо се забон забони давлатии тарафҳо ва яке аз забонҳои расмӣ дар сатҳи байналмилалӣ муқарраргардида баста мешаванд.
   Бояд зикр намуд, ки маъмулан пазироӣ, гуфтушунид ва нишастҳои матбуотӣ бо иштироки намояндагони давлатҳои хориҷӣ бо забони давлатӣ ва забони ба иштирокдорон фаҳмо ба роҳ монда шуда, лавҳаҳо ва эълону хабарномаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷойгир карда мешаванд. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” аз 19 марти соли 2013, №961 воситаҳои ахбори омма дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро бо забони давлатӣ ва забонҳои дигар амалӣ менамояд.
     Сиёсати давлатии баробарии забонҳоро Тоҷикистон пайгирӣ намуда, истифодаи дигар забонҳои халқу миллатҳои гуногунро маҳдуд намекунад. Мувофиқи қисми 1 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд.
     Боиси ифтихори бузурги мо халқи тоҷик аст, ки мероси гаронбаҳои маънавии халқи тоҷик, осори ҷаҳонгири фарзонафарзандҳои ин миллати бофарҳангу дорои таърих, забон ва маърифати бузурги инсонӣ аз ҷумла осори оламгири бузургтарин донишманд, ориф ва шоири саддаи XIII Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, “Маснавии маънавӣ” ҳам дар Ғарб ва ҳам дар Шарқ ба қатори осори гаронбаҳо ва серхонданитарини аҳли олам қарор гирифта, бо чандин забонҳои хориҷӣ тарҷума гардида дар ҳофизаи тамоми аҳли маънии ҷаҳон новобаста аз миллат, нажод, дину оин шуҳрати хосае дорад, ки муарифгари давлату миллати тоҷик аст. Мавриди тазаккур аст, ки 24 майи соли 2023 бо қарори Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО «Куллиёти Мавлоно» Ҷалолуддини Балхӣ ба Феҳристи хотираи ҷаҳонии ЮНЕСКО бевосита бо ташаббус ва пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд.
     Инчунин, осори оламгири Ҳофизи Шерозӣ аз ҷониби мутаффакир, шоир ва адабиётшиноси олмонӣ Иоганн Гёте, ки худро дилбастаи осору пайрави мардуми форсу тоҷик ва шогирди Ҳофиз иброз медошт, мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифта, шуҳрати беандоза пайдо намуд ва дар адабиёти мардуми Олмон мавқеи хосаро соҳиб гашт. Аз ин ҷост, ки дар сатҳи байналмилалӣ таваҷҷуҳи донишмандону мутаффакирони ҷаҳон ба омӯзиши забони форсӣ- тоҷикӣ ва осори бузурги мутаффакирони миллати тоҷик хеле зиёд аст, ки он мавқеи забони тоҷикиро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ устувор мегардонад.
     Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита бо ташаббус ва заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кишвари пешбари сиёсати хориҷии сулҳҷуёна ва ташаббускори ҳалли проблемаҳои глобалӣ буда, айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 давлати ҷаҳон эътироф карда, бо 183 кишвар муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монда аст. Илова ба ин, кишвари мо узви комилҳуқуқи ҳамаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ буда, иштирокдори беш аз 170 конвенсияи байналмилалӣ мебошад. Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳод ва дастоварҳои худро дар ҳама соҳаҳо бо забони давлатӣ ва забони расмии байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.
     Хулоса забони давлатӣ ҳамчун воситаи муҳими шинохти давлату миллат дар муносибатҳои байналмилалӣ дар қатори дигар забонҳо мавриди истифода қарор мегирад. Кишвари мо бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ барои истифодаи озоди забонҳои дигар, аз ҷумла забонҳои модарии ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳои сокини кишвар шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.
      Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангие баргузор мегарданд, ки дар кори онҳо забони тоҷикӣ мавриди истифода қарор мегирад. Ин аз мақоми байналмилалӣ доштани он шаҳодат медиҳад. Зикр кардан ба маврид аст, ки забони тоҷикӣ дар як қатор давлатҳои аврупоиву шарқӣ, ба монанди Фаронса, ИМА, Исроил, Канада, Чехия, Чин, Ҳиндустон, Покистон, Узбекистон, Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва ғайра омӯзонида мешавад. Дар ин кишварҳо нашрияҳо бо забони тоҷикӣ-форсӣ табъу интишор мешаванд, ки ин аз густариш ёфтани забони тоҷикӣ форсӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ дарак медиҳад.
 
Настарани Абдуғафор
сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад