ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМУ ФАРҲАНГ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 24/06/2026 - 11:50
     Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 ба даст омадааст, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ба шумор меравад. Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон на танҳо рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва давлатдории миллӣ, балки заминаи воқеии эҳёи арзишҳои миллӣ, рушди илму маориф, фарҳанг ва таҳкими худшиносии миллиро фароҳам овард. Маҳз дар шароити истиқлол халқи тоҷик имконият пайдо намуд, ки сарнавишти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро мустақилона муайян карда, роҳи рушди давлатро мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ интихоб намояд.
     Бо вуҷуди аҳаммияти бузурги истиқлол, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи бисёр ҳассос ва сарнавиштсоз буд. Ҷанги шаҳрвандӣ, буҳрони амиқи иқтисодӣ, коҳиши истеҳсолот, мушкилоти иҷтимоӣ ва норасоии маблағгузорӣ ба фаъолияти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири манфӣ расониданд. Аз ҷумла, муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардида, қисми зиёди имкониятҳои моддиву техникӣ ва захираҳои кадрии онҳо осеб диданд. Дар чунин шароит масъалаи ҳифзи арзишҳои миллӣ, нигоҳдории неруи илмӣ ва рушди фарҳанг ба яке аз вазифаҳои муҳими давлатӣ табдил ёфт.
     Пас аз барқарор гардидани сулҳу субот ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, барои рушди устувори давлат ва ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овард. Дар ин раванд нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, барқарорсозии иқтисодиёт ва рушди соҳаҳои иҷтимоӣ бағоят муҳим мебошад. Бо ташаббус ва сиёсати созандаи роҳбарияти давлат як қатор барномаҳо, стратегияҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки онҳо ба рушди илм, маориф, фарҳанг ва сармояи инсонӣ равона шуда буданд.
     Дар тӯли 35 соли истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди илму фарҳанг ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Бунёди ҳазорҳо муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ, таҳкими фаъолияти муассисаҳои илмӣ, афзоиши маблағгузории соҳаи илм, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар низоми маориф, эҳёи мероси таърихию фарҳангӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои ин давра мебошанд. Аз ин рӯ, омӯзиши дастовардҳои илму фарҳанг дар даврони истиқлоли давлатӣ барои дарки роҳи тайнамудаи давлат, арзёбии натиҷаҳои сиёсати давлатӣ ва муайян намудани дурнамои рушди минбаъдаи ҷомеаи тоҷик аҳаммияти муҳими илмӣ ва амалӣ дорад.
     Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлол рушди илм ва маориф ба ҳисоб меравад. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ роҳбарияти давлат ба масъалаи ташаккули иқтидори илмӣ ва зеҳнии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии фаъолияти илмӣ тадбирҳои зарурӣ андешид. Дар ин замина як қатор санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки дар ташаккул ва рушди низоми миллии илм нақши муҳим бозиданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (1998), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2002), инчунин як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ, аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, такмили низоми маблағгузории илм ва аккредитатсияи муассисаҳои илмӣ қабул гардиданд. Қабули ин санадҳо барои танзими фаъолияти илмӣ, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии рушди илм ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ аҳаммияти муҳим дошт.
     Дар натиҷаи татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатӣ дар самти илм ва маориф, Тоҷикистон дар тӯли 35 соли истиқлолият ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Агар дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ бо мушкилоти ҷиддӣ, аз ҷумла норасоии маблағгузорӣ, фарсудашавии пойгоҳи моддиву техникӣ ва камбуди кадрҳои соҳибтахассус рӯ ба рӯ буданд, имрӯз барои фаъолияти онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Давлат соҳаи маориф ва илмро ҳамчун омили асосии рушди ҷомеа ва таҳкими сармояи инсонӣ арзёбӣ намуда, маблағгузории онро мунтазам афзоиш медиҳад.
     Нишондиҳандаи равшани таваҷҷуҳи давлат ба рушди илм афзоиши маблағгузории соҳа мебошад, аз ҷумла:
      соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд[1];
      соли 2024 ҳаҷми маблағгузории соҳа 225,1 миллион сомониро ташкил медод[2];
       соли 2025 барои ин соҳа 302 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст[3].
     Ин афзоиш шаҳодати он аст, ки илм ҳамчун яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва технологӣ дар сиёсати давлатӣ мақоми махсус дорад.
     Дар даврони истиқлолият шабакаи муассисаҳои таълимӣ низ ба таври назаррас густариш ёфт. Дар ин давра зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла гимназияҳо, литсейҳо, коллеҷҳо, донишкадаҳо ва донишгоҳҳо бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Агар то замони истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олӣ фаъолият мекард, имрӯз шумораи онҳо ба 48 адад расидааст. Ҳамзамон шумораи донишҷӯён тақрибан аз 65 ҳазор нафар ба зиёда аз 214 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст, ки ин нишондиҳанда аз рушди босуръати низоми таҳсилоти олӣ ва афзоиши талаботи ҷомеа ба таҳсилоти касбӣ шаҳодат медиҳад[4].
     Яке аз хусусиятҳои муҳими рушди маориф дар даврони истиқлоли давлатӣ ворид намудани технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ ба раванди таълим мебошад. Дар муассисаҳои таълимӣ синфхонаҳои компютерӣ таъсис дода шуда, омӯзиши технологияҳои рақамӣ, барномасозӣ ва забонҳои хориҷӣ густариш ёфт.
     Дар баробари ин, иштироки хонандагон ва донишҷӯёни тоҷик дар олимпиадаҳо ва озмунҳои байналмилалӣ сол ба сол афзоиш ёфта, онҳо ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Ин нишон медиҳад, ки низоми маорифи кишвар тадриҷан ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот мутобиқ гардида, барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаи муосир заминаи мусоид фароҳам меорад.
      Дар даврони истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими заминаҳои илмӣ, рушди технологияҳои муосир ва омода намудани кадрҳои баландихтисос як қатор стратегияҳои муҳими давлатӣ қабул намуд, ки онҳо самтҳои афзалиятноки сиёсати илмӣ ва инноватсионии кишварро муайян мекунанд, Аз  ҷумла:
  • «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ» барои солҳои 2020–2040
  • Стратегияи рушди «зеҳни сунъӣ» то соли 2040
  • Стратегияи рушди илм, технология ва инноватсия то соли 2030
      Ин санадҳо барои рушди илмҳои дақиқ, омода кардани кадрҳои баландихтисос ва ворид намудани технологияҳои муосир замина фароҳам овардааст. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки шавқу рағбати ҷавонон ба илм зиёд шудааст ва шумораи иштирокчиёни олимпиадаҳои байналмилалӣ ва озмунҳои илмӣ афзоиш ёфта, ҷавонони тоҷик соҳиби медалу ҷоизаҳои байналмилалӣ мегарданд.
     Дар даврони истиқлоли давлатӣ рушди технологияҳои муосир ва ворид намудани фанҳои дақиқ ба низоми таълимӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ гардид. Омӯзиши фанҳои риёзӣ, табиатшиносӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва барномасозӣ дар мактабҳо ва муассисаҳои олии таҳсилӣ густариш ёфта, сатҳи технологияи таҳсил ва малакаи мутахассисони ҷавонро ба таври назаррас боло бурд.
      Қабули санадҳои стратегӣ, аз ҷумла Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040 ва Стратегияи рушди иқтисоди рақамӣ, нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ба ҷомеаи муосири технологӣ қадамҳои устувор мегузорад.     Ин санадҳо имконият фароҳам меоранд, ки омӯзгорон ва донишҷӯён бо технологияҳои инноватсионӣ, барномасозӣ ва низоми автоматикунонидашудаи иқтисодӣ шинос шаванд. Ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар мактабҳо ва донишгоҳҳо, аз қабили синфхонаҳои компютерӣ, лабораторияҳои виртуалӣ ва платформаҳои омӯзиши онлайнӣ, имкон дод, ки донишҷӯён малакаҳои амалии замонавӣ пайдо кунанд ва барои рақобат дар бозори ҷаҳонӣ омода шаванд. Ғайр аз ин, рушди технологияҳои иттилоотӣ барои афзоиши дастрасӣ ба маълумот ва беҳтар намудани сифати таҳсил таъсири мустақим дошт.
     Дар баробари ин, истифодаи технологияҳои муосир дар давлатдорӣ, аз ҷумла дар системаи идоракунии электронӣ, хизматрасонии давлатӣ ва иқтисоди рақамӣ, нишон медиҳад, ки Тоҷикистон на танҳо дар соҳаи маориф, балки дар рушди тамоми ҷомеа қадамҳои устувор мегузорад. Дар натиҷа, омода намудани мутахассисони рақобатпазир, таҳкими зерсохторҳои иттилоотӣ ва рушди технологияҳои инноватсионӣ ба сиёсати стратегии давлат табдил ёфта, барои пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар заминаи устувор мегузорад. Ин раванд нишон медиҳад, ки рушди технологияҳои муосир на танҳо вазифаи низоми маориф, балки ҷузъи муҳими таҳкими давлат ва ворид намудани Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонии технологӣ мебошад.
     Соҳаи фарҳанг низ ба яке аз самтҳои асосии эҳёи ҳувияти миллӣ табдил ёфт. Агар дар солҳои аввали истиқлолият бисёр муассисаҳои фарҳангӣ дар ҳолати мушкил қарор доштанд, имрӯз театрҳо, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо ва осорхонаҳо эҳё ва бунёд гардидаанд.
     Яке аз дастовардҳои муҳими фарҳангӣ эҳёи худшиносии миллӣ мебошад. Ҷашнҳои таърихӣ, аз ҷумла 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700-солагии Кӯлоб ва 2500-солагии Истаравшан, ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносиро тақвият бахшиданд. Ҳунарҳои миллӣ, аз қабили чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, мусиқии суннатӣ ва дигар анъанаҳо эҳё гардида, дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мешаванд. Ҳамчунин, як қатор арзишҳои миллии тоҷикон ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО шомил гардиданд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» мақоми забони тоҷикӣ ва рушди он дар ҳамаи сохторҳои давлативу таълимӣ ва васоити ахбори оммаро таъмин намуд. Осори адибони классикӣ ва муосир бо теъдоди зиёд нашр шуда, таваҷҷуҳ ба омӯзиши онҳо миёни мардум афзуд.
     Даврони истиқлоли давлатӣ барои илму фарҳанги тоҷик марҳалаи эҳё, таҳким ва рушди бесобиқа ба ҳисоб меравад. Дар ин давра дар кишвар ҳазорҳо муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифта, инфрасохтори соҳаҳои маориф ва фарҳанг ба таври назаррас густариш ёфт. Дар натиҷа сатҳи маърифатнокии аҳолӣ тадриҷан боло рафта, имкониятҳои дастрасӣ ба таҳсил ва иттилооти илмӣ васеъ гардиданд. Соли 2025 бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Дар ин радиф, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад[5].
     Дастовардҳои ин давра на танҳо дар афзоиши шумораи муассисаҳо ва беҳтар гардидани шароити моддию техникии онҳо ифода меёбанд, балки пеш аз ҳама дар ташаккули ҷомеаи соҳибмаърифат, таҳкими худшиносии миллӣ, болоравии тафаккури илмӣ ва густариши маърифати фарҳангӣ зоҳир мегарданд.
     Ҳамзамон, фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои илмию фарҳангии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ бештар муаррифӣ шуда, мақоми онҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ тақвият ёфт.  Дар чунин шароит, ҳифз ва рушди дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва масъулияти шаҳрвандӣ, бахусус дар миёни ҷавонон, аҳаммияти аввалиндараҷа касб менамояд. Зеро насли ҷавон ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа вазифадор аст, ки бо истифода аз дониш, илм ва ҷаҳонбинии муосир дар рушди минбаъдаи давлат ва таҳкими пояҳои истиқлоли миллӣ саҳмгузор бошад.
 
 
ДАВЛАТОВ УМАР РУСТАМОВИЧ
мутахассиси  пешбари шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
            РӮЙХАТИ АДАБИЁТ:
  1. Суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30 майи соли 2024 [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: https://www.president.tj/event/speeches/37699 (санаи муроҷиат: 8.06.2026).
  2. Тавзеҳот ба лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2025-2026, Душанбе 2023 [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: https://moliya.tj/Admin/Documents/GetFile/797?utm_source=chatgpt.com (санаи муроҷиат: 8.06.2026).
  3. Тавзеҳот ба лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2026-2027, Душанбе 2024 [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: https://moliya.tj/Admin/Documents/GetFile/2184 (санаи муроҷиат: 8.06.2026).
  4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: https://www.president.tj/event/missives/49225 (санаи муроҷиат: 9.06.2026).
  5. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: https://www.president.tj/event/missives/54181 (санаи муроҷиат: 9.06.2026).
 
 
 
 
 
 
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад