ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1923 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҚАРЗИ ДАВЛАТӢ ВА ҚАРЗИ АЗ ҶОНИБИ ДАВЛАТ КАФОЛАТДОДАШУДА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1922 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1918 КОДЕКСИ МАДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ДАР БОРАИ ЭТИРОФ ВА БА ИҶРО РАСОНИДАНИ ҲАЛНОМАҲОИ АРБИТРАЖИ ХОРИҶӢ

-A A +A
Ношири мавод: Маҳмадшозода Фарҳод Абдураҳмон Санаи интишор: Шнб, 03/04/2010 - 09:24

Баррасии масъалаи Арбитиражи байналмилалии тиҷоратӣ дар Тоҷикистон

            Роҳҳои самараноки алтернативии ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва тиҷоратии Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ аз масоиле буд, ки 3-апрели  соли  равон  дар  Конфронси  Миллї мавриди баҳси коршиносону масъулин қарор гирифт.

          Конференсияи мазкур дар  мавзӯи ҷалби сармоягузории хориҷӣ тавассути  Конвенсияи  Ню-йорки  аз соли 1958 «Дар бораи эътироф ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои Арбитражи хориҷӣ», бо дастгирии Маркази Миллии Қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи Савдою саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Ҷамъиятии Тоҷикагрофонд бо кӯмак ва сармоягузории Департаменти Давлатии ИМА ва Филиали Тоҷикистонии «Ҷомеаи кушода»- и Бунёди мадад баргузор гардид.

         Дар  Конфронс   зикр гардид, имрӯзҳо фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон авҷ гирифта, муомилоти иқтисодӣ суръат меёбад ва ташкил намудани механизми ҳуқуқие, ки тавонад ҳали таъҷилӣ, адолатона ва қонунии баҳсҳои бавуҷудомада, ҳифзи ҳуқуқи вайронкардашударо таъмин намояд, муҳим мебошад.

        Гуфта мешавад, яке аз роҳҳои самараноки алтернативии ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. «Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ баҳсҳои ҳуқуқии иқтисодиро оид ба алоқаҳои тиҷоратии беруна ва дигар алоқаҳои байналмилалии иқтисодӣ дар байни ҳамагуна субъектҳои ҳуқуқ, агар ҷои ҷойгиршавӣ ва маҳалли зисти яке аз онҳо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ бошад, инчунин дигар баҳсҳои хоҷагии хусусияти иқтисодӣ доштаро, ки бо созиши тарафхо барои ҳал намудан ба Арбитражӣ байналмилалӣ пешниҳод карда шудаанду қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намесозад, баррасӣ мекунад», - иброз дошт, директори  Маркази Милли Қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимов З.А.

             Дар   конфронс    дар  мавзўи:   «Танзими ҳуқуқии фаъолияти Ҳакамони  Байналмиллалии Иқтисодӣ (Тиҷоратӣ) дар ҶТ, Раҳимов М.З «Меъёрҳои байнулмилалӣ-ҳуқуқии Ҳакамони Байналмиллалии Тиҷоратӣ», «Моҳият ва аҳамияти тасдиқсозии «Конвенсияи Ню-Йорк дар бораи эътироф ва ба иҷро расонидани қарорҳои судҳои хориҷӣ» барои Тоҷикистон, афзалият ва ҷанбаҳои манфии санадҳои мазкури байнулмилалӣ барои кишвари иштирокчӣ; Профессори кафедраи ҳуқуқи хусусии Академияи умумирусиягии савдои хориҷӣ, ҳаками МКАС дар назди ПСС ФР, узви Суди байнулмилалии ҳакамӣ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Федератсияи Россия, доктори илмҳои ҳуқуқшинос  Н.Г.Вилкова «Меъёрҳои байналмилалӣ - ҳуқуқии Ҳакамони Байнулмилалии Тиҷоратӣ», маърўзаҳо  карда  шуд. Дар  рафти  конфронс   музокираҳо  ва  саволҳо  низ  аз  ҷониби  иштирокчиён  ба миён  омад. Конфронс  дар  фазои  хуби  илмӣ  гузаронида  шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 2 (1 овоз)