ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1761 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ Маҷлиси Олии ҶТ 29.01.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1759 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ БИОЛОГӢ ВА МУҲОФИЗАТИ БИОЛОГӢ Маҷлиси Олии ҶТ 29.01.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1753 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ УҲДАДОРИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ" Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ДАР БОРАИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Пшб, 23/01/2020 - 10:50
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
983
Мақомот: 
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
20.07.1994

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ

 

(Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 15-16, мод. 235; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 22, мод. 259; соли 2008, №1, қ- 2, мод.16, №12, қ-2, мод.1005;  соли 2010, №12, қ-1, мод.822; ҚҶТ аз 28.12.13с.№1048)

 

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии омўзиш, ҳифз ва истифодабарии сарватҳои зеризаминиро муқаррар намуда, муносибатҳоро дар ин соҳа танзим менамояд. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

ФАСЛИ 1

ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарватҳои зеризаминӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарватҳои зеризаминӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо барои танзими муносибатҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар доираи ваколатҳои муайянкардаи Қонуни мазкур санадҳо ба табъ мерасонанд. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).

Муносибатҳое, ки дар иртибот бо истифода ва ҳифзи замин, об, олами набототу ҳайвонот, ҳавои атмосфера ҳангоми истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба амал меоянд, тибқи қонунгузори  марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд.

 

Моддаи 11. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

-омўзиши давлатии геологии қаъри замин – корҳои геологии вобаста ба омўзиши мониторингии ҳолати қаъри замин, сохтори геологии минтақаҳои алоҳида ва ҳавзаҳо дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълум намудани дурнамои онҳо оид ба мавҷуд будани маъданҳои фоиданок, сохтани харитаҳои геологии давлатӣ, ки маълумотҳои асосиро оид ба истифодабарии қаъри замин ташкил медиҳанд;

-қитъаи ҷудокардашудаи геологӣ – замима ба  иҷозатнома барои омўзиши геологӣ - бо нақша ва маълумотнома муайян намудани ҳудуди қитъаи қаъри замин, ки дар он истифодабарандагон ҳуқуқи  иктишофи геологиро доранд;

-ҷудо намудани замини кўҳсор – замима ба иҷозатнома барои пешбурди корҳои иктишофи геологӣ ва истихроҷи маъданҳои фоиданок, сохтмон ва ё истифодабарии иншоотҳои зеризаминӣ, ки ба иктишоф ва истихроҷ вобастагӣ надоранд, иҷозатнома барои истихроҷи маъданҳои фоиданоки ғайриминералии маъмулӣ бо мақсади тиҷорат ва ё сохтмони иншоотҳои зеризаминии новобаста ба истихроҷ ва иктишоф, ки истифодабарандагони қаъри замин аз рўи нақша ва маълумоти минтақаҳои ҳудудашон муайян ба онҳо ҳуқуқ доранд;

-истихроҷ – маҷмўи корҳое, ки ба ҳосил намудани минералҳои фоиданок аз қаъри замин, ҳамчунин ба коркарди минералҳои техногении моликияти давлатӣ, аз ҷумла  ашёи минералии  ҷойҳои нигоҳдории муваққатӣ алоқаманд мебошанд; (ҚҶТ аз 31.12.08с, №471).

-истихроҷи маъданҳои фоиданоки маъмулӣ – истихроҷи маводе, ки дар қитъаҳои қаъри замини дорои ҳуқуқи истифодаи доимӣ ва ё муваққатӣ ҷойгир аст, бе мақсади минбаъдаи бастани аҳд нисбати маъданҳои фоиданоки ғайриминералӣ  ва обҳои зеризаминии истихроҷгардида;

- кон – қисми қитъаи қаъри замин, ки анбўҳи табиии маъданҳои фоиданокро дар бар мегирад;

- ашёи хоми минералӣ – қисми сарватҳои истихроҷшуда (маводи кўҳӣ, ашёи хоми кон ва ғайра), ки маъданҳои фоиданокро дар бар мегирад;

- истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки мувофиқи Қонуни мазкур иҷозати гузаронидани корҳои геологӣ ва истихроҷи маъданҳои фоиданокро доранд;

- сарватҳои зеризаминӣ – қисми қаъри замин, ки поён аз қабати хок ва дар мавриди набудани он дар таги баҳрҳо, кўлҳо, дарёҳо ва дигар обанборҳо то умқи дастрас, ки қабати онҳо барои гузаронидани корҳои геологӣ ва истифодаи маъданҳои  фоиданок дар асоси комёбиҳои илмию  техникӣ дастрас аст;

- маъданҳои фоиданоки маъмулӣ (ғайриминералӣ) – маъданҳои фоиданок, ки  дар шакли табиӣ (рег, шағал, хок ва ғайра) ва ниҳоят кам коркард ва тоза карда шудаанд, барои эҳтиёҷоти хоҷагиҳои маҳаллӣ истифода карда мешаванд;

- маҷмўи корҳои истифодаи қаъри замин – корҳое, ки бо омўзиши умумии давлатии геологии қаъри замин, иктишоф ва истихроҷ, аз ҷумла корҳои вобаста ба иктишоф ва истихроҷи обҳои зеризаминӣ, лойқаҳои табобатӣ, иктишофи қаъри замин барои партови обҳои истифодашуда, инчунин корҳое, ки ба сохтмон ва истифодаи иншоотҳои зеризаминии новобаста ба истихроҷ алоқаманд мебошанд;

- коркарди аввалияи ашёи хоми минералӣ – коркарди маъданҳои фоиданоки истихроҷшуда аз рўи нақшаҳои технологӣ, ки ҷараёни пайдарпайи ғанисозӣ ва тағйири аввалияи маъданҳои фоиданоки истихроҷшударо муайян менамояд;

- коркарди ашёи хоми минералӣ – корҳое, ки ба воситаи онҳо аз ашёи хоми минералӣ маъданҳои фоиданок  ҳосил карда мешаванд;

- маъданҳои фоиданок – маводи минералии табиӣ, ки дар қаъри замин ба шакли санг, моеъ ва газ (аз ҷумла, обҳои зеризаминӣ ва лойқаҳои табобатӣ)  мавҷуданд ва барои истеҳсоли неъматҳои моддӣ муносиб мебошанд;

- канданиҳои фоиданоки пошхўрда – пайдоишҳои табиии минералӣ, аз ҷумла металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, қалъагӣ, волфрам, металлҳои нодир, сангҳои зинатӣ ва ғайра, ки дар натиҷаи бодхўрдашавии физикию химиявии ҷинсҳои кўҳӣ, зуҳуроту конҳои канданиҳои фоиданоки аслӣ пайдо шудаанд;

усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ – тарзи ташкили истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда, ки тибқи иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар минтақаҳои қаъри замини захираҳояш ҳисобнашуда ва дар тавозуни давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштанашуда амалӣ карда мешавад; (ҚҶТ аз 28.12.13с.№1048)

- истифодабарандагони муваққатии сарватҳои зеризаминӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки мўҳлати маҳдуди истифодаи сарватҳои зеризаминиро доранд;

- корҳои иктишофии геологӣ – корҳое, ки ба ҷустуҷўи макони ҷойгиршавии маъданҳои фоиданок ва арзёбии онҳо алоқаманд мебошанд;

- сохтмон ва истифодаи иншоотҳои зеризаминӣ, ки ба корҳои иктишофии геологӣ ва истихроҷи маъданҳои фоиданок вобастагӣ надоранд – корҳои сохтмон ва истифодаи иншоотҳои зеризаминии таъиноти умумихоҷагӣ, ки барои нигоҳ доштани боқимондаҳои маводи радиоактивӣ, маҳсулоти зараровар ва оби партов аҳамият доранд;

- қитъаи қаъри замин– қисми ба нақша гирифташудаи қаъри замин, ки дар қаламрави маҳдуд барои истифодабарандагон ҷудо карда мешавад;

- пардохти ҳаққи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ – пардохти   якбора ба молики захираи сарватҳои зеризаминӣ (ба давлат) барои додани ҳуқуқи азхудкунии онҳо;

     - ҷудо намудани маблағ барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ –маблағгузории ҷорӣ ба молики захираи сарватҳои зеризаминӣ (ба давлат) барои пўшонидани хароҷотҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).

 

Моддаи 2. Моликият ба сарватҳои зеризаминии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарватҳои зеризаминии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра моликияти давлати  буда, ба моликони зерин дода мешавад:

ба мақомоти муайяни давлатӣ бо роҳи ба онҳо додани ҳуқуқи молики;

ба истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ бо роҳи интиқоли ҳуқуқи истифодаи бемӯҳлат ё таҳқими ҳуқуқи истифодаи мӯҳлатноки сарватҳои зеризаминӣ.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарватҳои зеризаминӣ моликияти хусусӣ шуда наметавонад. Хариду фурӯш, тӯҳфакунӣ, ба гарав мондани қитъаҳои манбаи сарватҳои зеризаминӣ ё ивазкунии худсаронаи онҳо манъ аст.

Аъмоле, ки рӯирост ё пинҳонӣ боиси вайроншавии ҳуқуқи моликияти давлат ба сарватҳои зеризаминӣ мегардад, манъ аст.

 

Моддаи 3. Фонди давлатии сарватҳои зеризаминӣ

Тамоми сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди давлатии сарватҳои зеризаминӣ мебошанд, Ба он ҳам қисми истифодашаванда ва ҳам истифоданашавандаи сарватҳои зеризаминӣ мансуб аст.

Фонди давлатии сарватҳои зеризаминиро ба манфиати тамоми аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёрдорӣ ва идора мекунад.

 

Моддаи 4. Салоҳияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ (хориҷ  карда  шуд  бо ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).

 

Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ масъалаҳои зерин дар ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд:

1) таҳияю татбиқи барномаҳои давлатии истифода, барқарорсози вусъати минбаъда ва сифатан беҳтар намудани базаи ашёи хоми минералии ҷумҳурӣ;

2) муқаррар намудани тартиби истифодаю ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, таҳияи стандартҳои (меъёру қоидаҳои) мувофиқ;

3) ихтиёрдорӣ ва идора кардани фонди давлатии сарватҳои зеризаминӣ, аз ҷумла якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо шаҳру ноҳияхо ихтиёрдорӣ ва идора кардани фонди маъданҳои фоиданоки маъмулӣ;

4) муайян намудани номгӯӣ маъданҳои фоиданоки маъмулӣ, инчунин номгӯӣ маводи коллексионӣ ва маъданҳои фоиданок, ки барои заршуии косибӣ иҷозат дода шудааст;

5) додани иҷозатнома барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва коркарди ашёи хоми минералӣ;

6) муқаррар намудани ҳиссаву андозаи истихроҷ, коркард ва фурӯши ашёи хоми минералии дороӣ аҳамияти давлатӣ барои корхонаҳо;

7) муқаррар намудани тартиби ҷалбкунии маблағҳои хориҷӣ, додани иҷозатнома ва консессияҳо ба шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва шаҳрвандон барои ҷустуҷӯ, инкишоф, истихроҷ ва коркарди ашьёи хоми минерали инчунин истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба мақсадҳои дигар ва назорат ба риояи он;   

8) таъсиси системаи ягонаи фонди давлатии ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризаминӣ, истифодабарии ахбори аз ҳисоби маблағи давлатӣ бадастомада;

9) назорати давлатии истифодаи самараноку ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, инчунин муқаррар намудани тартиби татбиқи он;

10) тартиб додани баланси давлатии захираҳои маъданҳои фоиданок, баҳисобгирии давлатии қитъаҳои сарватҳои зеризаминие, ки барои истихроҷи маъданҳои фоиданок ва сохтмони иншоотҳои зеризаминии ба истихроҷи маъданҳои фоиданок дахлнадошта истифода мешавад, бақайдгирии давлатии корҳои омӯзиши геологи ва истифодабарии сарватҳои зе­ризаминӣ аз ҷониби корхонаю ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликияташон;

11) экспертизаи давлатии ахбор оид ба маъданҳои фоиданоки кашфшуда, хусусиятҳои дигари сарватҳои зеризаминие, ки қимати онҳоро муайян мекунанд;

12) ҷорӣ намудани маҳдудияти истифодабарии сарватҳои зеризами­нӣ дар қитъаҳои ҷудогона ба мақсади таъмин намудани амнияти миллӣ ва ҳифзи муҳити зист;

13) муайян кардани сиёсати давлатӣ амали намудани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи истифода ва муҳофизати сарватҳои зеризаминӣ; (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).

14) тасдиқ намудани меъёрҳои пардохт барои истифодаи сарватҳои зерзаминӣ;

15) қатъи ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризамини дар сурати вайронкунии талаботи ин Қонун;

16) мутобиқати корҳои тадқиқоти илмӣ ва таҷрибавию конструкторие, ки ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ алоқаманданд;

17) ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ ва манфиати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

18) ҳалли баҳсҳо дар бобати истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар байни Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

19) экспертизаи давлатии лоиҳаҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминие, ки дар асоси шартномаҳои мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон басташуда ба истифодабарандагони хориҷии сарватҳои зеризаминӣ дода мешаванд;

20) танзими масъалаҳои дигари истифодаи сарватҳои зеризаминие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои ҷудогонаро ба­рои танзими муносибатҳои оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатии ВАБК, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти давлатии ҷумҳурӣ дода метавонад.

 

Моддаи 6. Салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ва вилояти дар соҳаи танзими муносибати  истифодаи сарватҳои зеризаминӣ. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351)

Дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ масъалаҳои зайл дар ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошанд: (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

1) танзими муносибатҳо дар бобати истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ дар доираи ваколатҳои муқарраркардаи Қонуни мазкур;

2) ба амал баровардани ваколатҳо дар доираи салоҳияти якҷоя бо  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ихтиёрдорӣ кардани фонди давлатии маъданҳои маъмулии фоиданок;

3) иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ, инкишофу азхудкунии базаи ашёи хоми минералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4) таҳия ва татбиқи барномаҳои минтақавии инкишоф ва истифодабарии базаи ашёи хоми минералӣ. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).

Ғайр аз ин корҳои зерин дар ихтиёри ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва инчунин тобеи вилоятӣ мебошад: (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).

1) ба истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ додани иҷозат барои истифодаи замин ва қитъаҳои ҷудошудаи замин тибқи қонунгузорӣ оид ба замини Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) ҷудо карда додани қитъаҳои замини курсор барои истихроҷи конҳои маъданҳои фоиданоки маъмулӣ;

3) назорат ба истифодаи оқилонаи сарватҳои зеризаминӣ ҳангоми истихроҷи маъданҳои фоиданоки маъмулӣ, инчунин ҳангоми сохтмон ва истифодабарии иншоотҳои зеризаминӣ, ки бо истихроҷи маъданҳои фоиданок вобаста нестанд;

4) қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди  салоҳияти худ дар сурати вайронкунии талаботи ин Қонун;

5) ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо дар истифодаи қитъаҳои сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин, минтақаҳои наздишаҳрӣ, объектҳои саноат, нақлиёт ва алоқа дар ҳолатҳое, ки агар чунин истифодабарӣ, ба ҳаёту саломатии аҳолӣ хавфро ба вуҷуд оварда, ба объектҳои хоҷагӣ ва ё муҳити зисти табиӣ зарар расонад.

 

ФАСЛИ II

ИСТИФОДАИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ

 

Моддаи 7. Намудҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Сарватҳои зеризаминӣ барои мақсадҳои зайл мавриди истифода қарор мегиранд:

1) омӯзиши геологи;

2) истихроҷи маъданҳои фоиданок, аз ҷумла истифодаи партови корхонаҳои истихроҷи маъдан ва коркарди он:

3) сохтмон ва истифодаи иншоотҳои зеризаминие, ки ба истихроҷи маъданҳои фоиданок алоқаманд нестанд, аз ҷумла иншоотҳо барои дар зери замин нигоҳ, доштани нафт, газ ва дигар моддаю масолеҳ, инчунин барои гуронидани моддаҳои зарарнок, партови саноат ва обҳои ганда;

4) ташкили объектҳои бахусус ҳифзшавандаи геологи, ки дороӣ аҳамиятӣ илмӣ, фарҳангӣ, эстетики, санитарию табобатӣ ва ғайра мебошанд (омӯзишгоҳҳои илмию таълимӣ, мамнуъгоҳҳои геологи, ёдгоризҳои та­биӣ, ғорҳо ва дигар холигиҳои зеризаминӣ).

5) ҷамъ кардани маводи минералоги, палеонтологи ва маводи дигари коллексионии геологи.

 

Моддаи 8. Барои истифода додани сарватҳои зеризаминӣ

Ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).

Мувофиқи литсензияе, ки барои истихроҷи маъданҳои фоиданок, сохтмон ва истифодабарии иншоотҳои зеризаминии новобаста ба истихроҷи маъданҳои фоиданок, ташкили объектҳои геологии ба таври мах­сус ҳифзшаванда ҳуқуқ медиҳад, ба истифодабарандагон қитъаи зами­ни кӯҳсор ҷудо карда мешавад. Замини кӯҳсор инчунин барои омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ ва ҳамзамон истихроҷ намудан ё истих­роҷи минбаъдаи бевоситаи маъданҳои фоиданок дода мешавад, аз рӯи шарту шароити озмун, қарордод ё имтиёз (консессия), инчунин дар асоси гуфтушунидҳои мустақими байни довталабони истифодаи сарватҳои  зеризаминӣ ва соҳиби сарватҳои зеризаминӣ.    

Қитъаи замини кӯҳсор бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода ва қайд карда шуда, барои истихроҷи маъданҳои фоиданоки маъмулӣ танҳо аз ҷониби мақоми назорати истихроҷи маъдан ба қайд гирифта мешавад

соҳаҳои сарватҳои зеризамини барои омӯзиши геологи ба тариқи қитъаи ҷудокардашудаи геологи дода мешаванд

Истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ, ки қисми замини кӯҳсорро ё геологи соҳиб шудааст, мувофиқи иҷозатномаи гирифтааш дар ҳудуди он ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ҳуқуқи комил дорад. Ҳама гуна корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди замини кӯҳсор ё геологи  танҳо бо ризояти истифодабарандае, ки замини кӯҳсор ё геологи ба ӯ дода шудааст, ба ҷо оварда мешаванд.

Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки аз ҳисоби худ корҳои геологиро маблағ таъин мекунанд, дар сурати риояи талаботи ин Қонун барои истифодабарии кор  ҳуқуқи истисноӣ доранд. Ин ҳуқуқ дар сурате аз байн меравад, ки дар давоми ду соли баъди тасдиқ гардидани захираҳои маводи маъданӣ кони кашф кардашуда истифода нашуда бошад. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №471).

   

Моддаи 9. Маҳдудияти истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи қитъаҳои алоҳидаи қаъри заминро бо мақсади таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи муҳити зист метавонад маҳдуд ва ё қатъ намояд. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).

Истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин, минтақаҳои наздишаҳрӣ, объектҳои саноатӣ, нақлиёт ва алоқа дар сурати таҳдид кардани хавф ба ҳаёт ва сиҳатии мардум ё хавфи зиён додани объектҳои хоҷагӣ ва муҳити табии зист қисман ё пурра манъ карда мешавад.

Сарватҳои зеризаминии ҳудуди ба таври махсус ҳифзшаванда мувофиқи мақомашон мавриди истифода қарор мегиранд.

 

Моддаи 10. Истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ

Корхонаҳои давлатӣ, кооперативӣ, муассисаҳои ҷамъиятӣ, ташкилоту муассисаҳо, субъектҳоӣ фаъолияти соҳибкорӣ сарфи назар аз шакли моликияташон ва шаҳрвандон, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони давлатҳои дигар истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ буда ме­тавонанд, агар асноди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.

       Ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминиро барои омўзиш ва истихроҷи ашёи хоми радиоактивӣ, анборкунии партовҳои онҳо танҳо шахсони ҳуқуқие доранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» иҷозатнома доранд. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №471).

 

Моддаи 11. Мӯҳлатҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Сарватҳои зеризаминӣ барои истифода ба мӯҳлати муайян ё бе маҳдудияти мӯҳлат дода мешаванд.

Бе маҳдудияти мӯҳлат қитъаҳои сарватҳои зеризаминӣ барои сохтмону истифодаи иншоотҳои зеризаминии новобаста ба истихроҷи маъданҳои фоиданок ва бунёди объектҳои махсус ҳифзшаванда ва дигар мақсадҳо дода мешаванд.

Мӯҳлати истифодаи сарватҳои зеризаминӣ тибқи иҷозатномаҳо муқаррар шуда, бо ташаббуси истифодабарандагон дароз карда мешавад.

Мӯҳлати истифодаи сарватҳои зеризаминӣ аз рӯзи гирифтани ҳуқуқи истифодаи он ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 12. Тартиби додани иҷозатнома барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ 

Тартиби додани иҷозатномаро барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ Низомномаи тасдиқ кардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.     

Иҷозатномаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ бояд имконияти баробарро ба ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон барои гирифтани литсензияҳо, кафолатҳои заруриро барои истифодаи қитъаҳои сарватҳои зери­заминӣ ва ҳимояи ҳуқуқӣ онҳо таъмин намояд.

 

Моддаи 13. Талабҳои зиддимонополӣ

Амалиёти мақомоти ҳокимияти иҷроия ва идоракунӣ, инчунин ҳа­ма гуна субъектҳои хоҷагӣ (истифодабарандагони сарватҳои зеризами­нӣ) дар мавридҳое манъ ё нодуруст ҳисобида мешавад, ки агар;

1) бар хилофи шартҳои конкурс ё музояда иштироки шахсони ҳуқуқи ва воқеие, ки мувофиқи ин қонун мақсади соҳиби ҳуқуқи ис­тифодаи сарватҳои зеризаминӣ шудан доранд, маҳдуд карда шавад;

2) аз додани иҷозатномаҳо ба ғолибони конкурсҳо ва музоядаҳо саркашӣ кунанд;

3) истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, ки сохторҳои таъсисдодаашон бо субъектҳои хоҷагии дар соҳаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ мавқеи бартаринокдошта рақобат мекунанд, мавриди поймол намудани ҳуқуқ қарор гиранд;

4) истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ ҳангоми соҳиб шу­дан ба объектҳои нақлиёту инфраструктура мавриди поймол намудани ҳуқуқ қарор гиранд.

 

Моддаи 14. Додани манбаи сарватҳои зеризаминӣ барои истихроҷи конҳои маъданҳои фоиданоки маъмулӣ

Тартиби додани манбаи сарватҳои зеризаминиро барои кушодани конҳои маъданҳои фоиданоки маъмулӣ, тартиби аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди қитъаҳои замине, ки барои истихроҷи маъданҳои фоиданоки маъму­лӣ, инчунин бо мақсадҳои новобаста аз истихроҷи маъданҳои фоиданок дода мешаванд, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо мувофиқати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).

Агар имконияти ҳамчун манбаи ашёи хоми алтернативӣ истифода бурдани партови конҳои маъдан ва корхонаҳои дигар мавҷуд бошад, манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ барои истихроҷи маъданҳои фоидаи маъмулӣ бо мақсади истеҳсоли маводи бинокорӣ дода намешаванд.

 

Моддаи 15. Истихроҷи маъданҳои фоиданоки маъмулӣ аз тарафи  соҳибони қитъаҳои замин

Соҳибони қитъаҳои замин ҳуқуқ доранд бо майли худ дар ҳудуди қитъаашон, бидуни таркишгарӣ мувофиқи Қонуни мазкур истихроҷи маъданҳои фоиданоки маъмулиро ба роҳ, монанд ва дар ҷумҳурии то 5 метр барои эҳтиёҷоташон иншоотҳои зеризаминӣ созанд.

 

Моддаи 16. Истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда

Дар конҳо ва зуҳуроти металлҳои асил ва дигар канданиҳои фоиданок ё қитъаҳои онҳо мувофиқи рўйхати тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» иҷозатнома дода мешавад.

Ба субъектҳои соҳибкорӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» иҷозат дода мешавад.

Истихроҷи канданиҳои фоиданок бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ ба тариқи ихтиёрӣ аз ҷониби шахсони алоҳида ё гурўҳи шахсон бе бақайдгирии онҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» манъ аст.

Қоидаҳои иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёриро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (ҚҶТ аз 28.12.13с.№1048)

 

Моддаи 17. Истихроҷ ва ҳифзи оби ширини зеризаминӣ

Оби ширини зеризаминӣ бидуни ҷудо кардани замин бо риояи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истихроҷ карда мешавад.

Ҳифзи оби ширини зеризаминӣ аз истифодаи оқилонаи он ва андешидани тадбирҳои дахлдор барои кам ва олуда нашудани ин об иборат аст. Корхонаю ташкилотҳое, ки аз зери замин оби ширин мекашанд, бо­яд аз каму зиёдшавии оби обгирҳо ва атрофу акнофи он огоҳу бохабар бошанд. Чоҳҳои мушоҳидавӣ бо маслиҳати ташкилотҳои гидрогеологии маҳал канда мешаванд.

Агар сифату миқдори оби обгирҳо тағйир ёбад, корхонаю ташкилотҳое, ки ин обгирҳо дар ихтиёрашон мебошанд, бояд ба мақомоти назораткунандаи ҳифзи оби ширин аз ин хусус зуд хабар диҳанд.

 

Моддаи 18. Истихроҷи таҷрибавию саноатии маъданҳои фоиданок

Маъданҳои фоиданок ё қисми онҳо бидуни ҷудо кардани қитъаи замини кӯҳсор барои таҷрибаи саноатӣ истихроҷ карда мешаванд.

Ҳуқуқ барои коркарди таҷрибавию саноати дар мавридҳои истиснои дода мешавад. Иҷозатнома барои он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди экспертиза шудани лоиҳаи корҳо ба тартибе, ки ин Қoнун муқаррар кардааст, дода мешавад. Иҷозатнома барои он бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» дода мешавад. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).

Ашёи хоми минералии истихроҷшуда ва маҳсулоти коркарди он бо­яд аз рӯи иҷозатнома фурӯхта, сипас аз онҳо маблағи муқарраршуда ситонида шавад.

 

Моддаи 19. Ошкор шудани маъданҳои фоиданок ҳангоми истифодаи қаъри замин (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351)

Истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ зимни кушодани конҳо дар сурати ошкор гардидани захираҳои сангҳои пурарзишу нимаарзиш, ороишӣ, кристаллҳои оптики, пьезоэлектрӣ, сангҳои музейбоб ва коллексионӣ ва дигар маъданҳои фоиданок, ки арзиши илмию амалӣ доранд, бояд корҳоро қатъ намуда, аз ошкор гардидани маъданҳои фоиданок ба фонди давлатии ахбори геологи оид ба сарватҳои зеризаминӣ хабар диҳанд.

Кори ин қитъа баъди гирифтани иҷозати фонди давлатии ахбори геологи оид ба сарватҳои зеризаминӣ давом дода мешавад.

 

Моддаи 20. Асосҳои қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Ҳуқуқи истифодаи манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ дар сурате қатъ мегардад, ки;

1) Мӯҳлати эътибори иҷозатнома ба охир расад;

2) соҳиби иҷозатнома аз ҳуқуқи истифодаи манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ даст кашад;

3) шарти муҳими дар иҷозатнома зикргардида пеш ояд, ки ба татбиқи минбаъдаи ҳуқуқиаш монеъ мешавад.

Ҳуқуқи истифодаи манбаъҳои сарватҳои зеризаминиро мақоми иҷозатномадиҳанда дар мавридҳои зайл пеш аз мӯҳлат қатъ намуда, боздошта ва ё маҳдуд карда метавонад:

1) ба ҳаёт ва саломатии одамоне, ки дар минтақаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ кор ё зиндагӣ мекунанд, хатари бевосита таҳдид кунад;                                        

2) истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ шартҳои иҷозатномаро вайрон карда бошад;

3) истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ қоидаҳои муқарраршудаи истифодабарии манбаъҳои зеризаминиро мунтазам вайрон намояд;

4) вазъияти фавқулодда ба вуҷуд ояд (офатҳои табиӣ, ҷанг ва ғайра);

5) истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ дар мӯҳлати муқарраркардаи иҷозатнома бо сабабҳои ба ӯ вобаста корҳои истифодаи манбаъ­ҳои зеризаминиро дар ҳаҷми пешбинишуда иҷро накарда бошад;

6) корхона ё субъекти дигари фаъолияти хоҷагие, ки манбаъҳои сарватҳои зеризаминиро барои истифода гирифта буд, барҳамхурад.

Агар истифодабарандаи манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ бо қарори барҳамдиҳӣ, боздорӣ ва маҳдудкунии ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ розӣ набошад, метавонад ба таври маъмурӣ ё тавассути додгоҳ шикоят намояд.

 

Моддаи 21. Тартиби пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи бандҳои 1 ва 4-уми қисми дуюми моддаи 20-уми Қонуни мазкур истифодаи сарватҳои зеризаминӣ пас аз қарори мақоми босалоҳият оид ба манъ кардани истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва ба таври хаттӣ огоҳ кардани истифодабаранда қатъ ме­гардад.

Дар ҳолатҳои муқарраркардаи бандҳои 2, 3 ва 5-уми қисми дуюми моддаи 20-уми Қонуни мазкур қарор дар бораи қатъи ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ мумкин аст пас аз се моҳи ба таври хаттӣ дар бораи вайронкориҳо ва наандешидани тадбирҳои ислоҳкунандаи онҳо огоҳ намудани истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ қабул карда шавад.   

Ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ дар сурати бекор кар­дан ё бозпас гирифтани иҷозатнома қатъ мегардад.

Агар ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ пеш аз мӯҳлат бекор карда шавад, корхона бо тартиби муқарраркардаи моддаи 27-уми қонуни мазкур барҳам дода ё муваққатан хобонда мешавад. Хароҷоти барҳамдиҳӣ ва хобондани корхонаро истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ мепардозад, агар истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бо сабабҳои дар бандҳои 1 (агар корхона гуннаҳкор бошад), 2, 3 қисми дуюми моддаи 26-уми Қонуни мазкур зикргардида ё бо ташаббуси истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ қатъ шуда бошад.

Хароҷоти хобондан ва барҳамдиҳии корхонаи истифодабарандаи сарватҳои зеризаминиро давлат ба ӯҳда мегирад, агар истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бо сабабҳои дар бандӣ 1 (дар сурати гуннаҳкор набудани корхона) ва банди 4 қисми дуюми моддаи 20-уми қонуни мазкур зикргардида қатъ шуда бошад.

Агар вазъияту шароити боздоштан ё маҳдуд сохтани ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ ислоҳ, карда шавад, ҳуқуқи мазкур пурра барқарор хоҳад шуд. Дар сурати набудани гуноҳи истифодабаран­даи сарватҳои зеризаминӣ мӯҳлати боздоштани ҳуқуқи ӯ ба мӯҳлати эътибори иҷозатнома дохил намешавад.

 

Моддаи 22. Ҳуқуқу вазифаҳои асосии истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ

Истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ ҳуқуқ дорад:

1) қитъаи манбаъҳои сарватҳои зеризаминии ба ихтиёри ӯ додаро бахри шаклҳои мӯҳталифи фаъолияти соҳибкорӣ ё фаъолияти дигар, ки ба мақсадҳои дар иҷозатнома зикршуда мувофиқ аст, истифода барад;

2) шакли ин фаъолиятро, ки ба асноди қонунгузорию меъёрӣ мухолиф нест, мустақилона интихоб намояд;

3) натиҷаи фаъолияти худро, аз ҷумла ашёи хоми минералии истихроҷнамудаашро мувофиқи иҷозатнома ва қонунгузорӣ истифода барад;

4) партови корхонаи истихроҷи маъдани худ ва истеҳсолоти коркарди бо он алоқамандро, агар шартҳои дигар дар иҷозатнома зикр наёфта бошанд, истифода барад:

5) сохтмонро дар майдони маъданҳои фоиданок дар ҳудуди қитъаи замини кӯҳсори ба ӯ додашуда маҳдуд намояд;

6) бе иҷозати иловагӣ аз ҳисоби маблағи худ омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминиро дар ҳудуди замини кӯҳсори ҷудокардашуда доир намояд;

7) дар сурати пайдо шудани вазъияте, ки аз ҳолатҳои дигари мавриди иҷозатномагири фарқ дорад, ба мақомоти иҷозатномадиҳанда барои тағйир додани шартҳои он муроҷиат намояд;

8) фаъолияти дигар шахсони ҳуқуқию воқеиро дар истифодаи замин ва сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди замини дар ихтиёрашон буда маҳдуд намояд, агар дар иҷозатнома мувофиқи қонунгузорӣ тартиби ди­гар пешбинӣ нашуда бошад.

Истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ нисбат ба довталабони дигар дар масъалаи дароз кардани мӯҳлати амали иҷозатнома бартарӣ дорад.

Ӯҳдадориҳои истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ аз инҳо иборат аст:

1) риоя намудани талаботи қонунгузорӣ, инчунин стандартҳои (меъёру қоидаҳои) бо тартиби муайян тасдиқшудаи технологияи доир намудани корҳои марбут ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ;

2) риоя кардани талаботи лоиҳаҳои техники ва нақшаи тараққиёти корҳои оид ба маъдан;

3) зимни истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба роҳ, мондани ҳуҷҷатнигории геологи, маркшейдерӣ ва ғайра, инчунин таъмини нигоҳдории онҳо;

4) таъмини назорати идоравӣ ҳангоми истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ;

5) ба фонди давлатии ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризамини додани ахбору маълумотӣ геологи;

6) ба фонди давлатии ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризаминӣ, мақомоти назорати истихроҷи маъдан ва омори давлатӣ додани маълумотҳо доир ба маъданҳои фоиданоки инкишофшуда, истихроҷшаванда ва дар қаър нопадидшаванда, таркиби онҳо ва ба мақсади бидуни истихроҷи маъданҳои фоиданок истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ;

7) бехатар иҷро кардани корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;

8) риоя намудани стандартҳои (меъёру қоидаҳои) бо тартиби муайян тасдиқшудае, ки шароити ҳифзи манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ, ҳавои атмосфера, замин, ҷангал, об, инчунин биноҳо ва иншоотҳоро аз таъсири бади корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ танзим мекунад;

9) ба ҳолати қобили истифодаи минбаъда овардани қитъаҳои замин ва дигар объектҳои табиие, ки ҳангоми истифодаи сарватҳои зеризаминӣ хароб шудаанд;

10) ҳифзи конҳо ва чоҳҳои иқтишофии кофташуда, ки минбаъд барои мавриди истифода қарор додани онҳо ё ба мақсади дигари хоҷагӣ лозим шуда метавонанд, барҳам додани конҳо ва чоҳҳои кофташуда, ки минбаъд қобили истифода намебошанд;

11) иҷро кардани шартҳои иҷозатнома, ҳангоми истифодаи сарватҳои зеризаминӣ сари вақт ва дуруст пардохтани маблағҳо.

 

ФАСЛИ III

 ИСТИФОДАИ САМАРАНОК ВА ҲИФЗИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ

 

Моддаи 23. Талабҳои асосӣ дар мавриди истифодаи самаранок ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ

Талабҳои асосӣ дар мавриди истифодаи самаранок ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ аз инҳо иборатанд;

1) риояи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ дар бобати ба ис­тифода додани манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ ва роҳ, надодан ба ис­тифодаи худсаронаи манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ; 

2) омӯзиши пурра ва хушсифати геологи, истифодаи оқилонаи комплексӣ ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ;

3) ба роҳ мондани омӯзиши пешакии геологии сарватҳои зеризаминӣ, аз ҷумла дар рафти кандани конҳо, ки зухуроти пурраи баҳои ҳаққонии захираи маъданҳои фоиданокро таъмин менамояд ё хусусиятҳои қитъаҳои сарватҳои зеризаминие, ки ба мақсадҳои новобаста бо истих­роҷи маъданҳои фоиданок дода шудаанд;

4) экспертизаи давлатӣ ва муҳосибаи давлатии захираи маъданҳои фоиданок, инчунин қитъаҳои сарватҳои зеризаминие, ки барои мақсадҳои новобаста ба истихроҷ истифода бурда мешаванд;

5) истихроҷи пурраи захираи маъданҳои фоиданоки асосӣ ва ҳамроҳи онҳо ҷойгирифта ва унсурҳои туфайлӣ;

6) ҳисобу китоби пурраи маъданҳои фоиданоки истеҳсолшуда ва захираи маъданҳои асосӣ, маъданҳои ҳамроҳи онҳо ҷойгирифта ва унсурони фоиданоки туфайлӣ;

7) ҳифзи конҳои маъданҳои фоиданок аз обзеркунӣ, сӯхтор ва ди­гар омилҳое, ки сифати маъданҳои фоиданок ва қимати саноатии конҳоро паст карда, шароити истихроҷи онҳоро мушкил мегардонад;

8) пешгирӣ намудани манбаъҳои зеризаминӣ ва муҳити зист аз олудашавӣ ҳангоми корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, махсусан дар вақти дар зери замин захира кардани нафт, газ ва дигар моддаҳои масолеҳ, гӯр кардани моддаҳои зарарнок ва партови истеҳсолот ва оби ганда;

9) риояи тартиби муайяншудаи хобонидан ва барҳамдиҳии корхонаҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок ва иншоотҳои зеризаминии ба ис­тихроҷи маъдан алоқаманд набуда;

10) пешгирӣ намуданӣ сохтмони худсарона дар масоҳати конҳои маъданҳои фоиданок ва риояи тартиби муқарраршудаи истифодаи ин масоҳатҳо ба мақсадҳои дигар;

11) пешгирии гуншавии партовҳои саноатию рӯзғор дар ҷойҳои ҷамъшавии об ва захираи обҳои зеризаминӣ, ки барои нӯшидан ё саноат истифода мешаванд.

Дар сурати вайрон гардидани талаботи моддаи мазкур ҳуқуқи истифодаи манбаъҳои сарватҳои зеризамини аз ҷониби мақомоти махсуси салоҳиятдори давлатӣ мувофиқи қонунгузорӣ маҳдуд намуда, боздошта ё қатъ карда мешавад.

 

Моддаи 24. Талаботи асосии бехатарии корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Ба сохтмон ва истифодаи корхонаҳои истихроҷи маъданҳои фоида­нок, иншоотҳои зеризаминии таъиноти гуногун, омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ дар сурате иҷозат дода мешавад, ки бехатарии ҳаёт ва сиҳатии кормандони корхонаҳои мазкур ва аҳолии сокини минтақаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ таъмин карда шавад.

Мақомоти ҳокимияти иҷроия (ҳукуматҳо) ва идора, истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, мақомоти назорати давлатии истихроҷи маъдан дар доираи салоҳияти худ ӯҳдадоранд иҷрои талаботи қонунҳо, инчунин стандартҳои (меъёру қоидаҳои) ба тартиби муайян тасдиқшударо оид ба  бехатарии корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ таъмин намоянд.

Масъулияти бевоситаи таъмини бехатарии шароити кори истифодаи, сарватҳои зеризаминӣ ба зиммаи роҳбарони корхонаҳо, сарфи назар аз он ки ин корхонаҳо мувофиқи иҷозатнома ё аз рӯи шартномаҳо кор мекунанд, гузошта мешавад.

Талаботи асосии таъмини бехатарии корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ аз инҳо иборатанд:

1) ба корҳои ин соҳа роҳ, додани танҳо шахсони дорои тайёрию  тахассуси махсус;

2) бо сару либоси махсус ва воситаҳои бехатарии коллективию инфиродӣ таъмин намуданӣ шахсоне, ки ба корҳои маъдан ва пармакунӣ  машғуланд;

3) истифодаи мошинҳо, таҷҳизот ва маводе, ки ба талаботи қоидаҳои бехатарӣ ва меъёрҳои санитарӣ мувофиқанд;

4) истифодаи дурусти маводи тарканда, воситаҳои таркиш, ҳисобу  китоб, нигаҳдорӣ ва ҳарчи дурусти онҳо;

5) анҷом додани маҷмӯи мушоҳидаҳои геологи, маркшейдерӣ ва  мушоҳидаҳои дигаре, ки барои таъмини сикли технологии корҳо ва пешгӯии вазъияти хавфнок лозиманд;

6) назорати доимии ҳолати ҳавои конҳо, мавҷудияти оксиген, чангу  газҳои тарканда ва зараровар;

7) таҳияю доир намуданӣ чорабиниҳои таъмини бехатарии коргарони  машғули корҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ ва бехатарии аҳолии маскуни минтақаи таъсири зарарноки корҳои истифодаи сарватҳои  зеризаминӣ дар низоми муқаррарӣ ва ҳангоми ба амал омадани вазъияти хавфнок.

Роҳбарони корхонаҳои машғули корҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ ва шахсони мансабдори масъули соҳаи мазкур ҳангоми бевосита таҳдид кардани хавф ба ҳает ва саломатии коргарони ин корхонаҳо ӯҳдадоранд фавран корҳоро боздоранд ва аҳолиро ба ҷойҳои безарар кӯчонанд.

Ҳангоми ба вуҷуд омадани хавфи бевосита ба ҳаёт ва саломатии аҳолии маскуни минтақаи корҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ роҳбарони корхонаҳои дахлдор бояд мақомоти идораи давлатӣ ва маъмурияти маҳаллиро огоҳ созанд.

 

     Моддаи 25. Хадамоти наҷотдиҳии кўҳӣ ва зиддифавворавӣ

      Бо мақсади таъмини бехатарии гузаронидани корҳо вобаста ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ, бехатарии экологӣ, бехатарии ҳаёт ва саломатии кормандон ҳангоми истихроҷи конҳои маъданҳои фоиданок, инчунин ҳангоми корҳо дар иншооти зеризаминии таъиноти гуногундошта, гузаронидани омўзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ дар корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият хадамоти наҷотдиҳии кўҳӣ ва зиддифавворавии ҳарбикунонидашуда ё идоравӣ ё дигар қисмҳо ва сохторҳои махсусгардонидашуда, ки ин вазифаҳоро иҷро менамоянд, таъсис дода мешаванд.

     Истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, ки хадамоти идоравии наҷотдиҳии кўҳӣ ва зиддифавворавӣ надоранд, метавонанд дар асоси шартнома аз хизматрасонии қисмҳо ва сохторҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кўҳӣ ва зиддифавворавӣ ё ин ки дигар сохторҳои махсусгардонидашуда, ки ин вазифаҳоро иҷро менамоянд, дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкорӣ истифода баранд.

     Дар назди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳо ва сохторҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кўҳӣ таъсис дода мешаванд, ки Низомномаи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

      Ба истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, ки хадамоти наҷотдиҳии кўҳӣ ва зиддифавворавӣ надоранд ё оид ба хизматрасонӣ бо ин гуна хадамот шартнома надоранд, амалигардонии корҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ манъ аст. (ҚҶТ аз 29.12.10с, №663).

  

Моддаи 26. Шартҳои сохтмон дар майдонҳои дорои маъданҳои фоиданок

Лоиҳакашӣ ва сохтмони маҳалҳои аҳолинишин, комплексҳои саноат ва дигар объектҳои хоҷагӣ танҳо дар сурате иҷозат дода мешавад, ки оиди дар қаъри қитъаҳои барои сохтмон муқарраршуда мавҷуд набудани маъданҳои фоиданок маълумот ба дастомада бошад.

Сохтмон дар майдонҳои дорои маъданҳои фоиданок, ҷойгиркунии иншоотҳои зеризаминӣ дар ҳудуди конҳои маъданҳои фоиданок бо ризояти фонди давлатии ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризаминӣ ва иҷозати мақомоти назорати истихроҷи маъдан роҳ дода мешавад, ба шарте ки имконияти истихроҷи маъданҳои фоиданок боқи монад ё ба мақсадҳои иқтисоди мувофиқ, будани сохтмон исбот шуда бошад.

 

Моддаи 27. Барҳам додан ва хобондани корхонаҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок ва иншоотҳои зеризаминие, ки ба истихроҷи маъданҳои фоиданок марбут нестанд

Корхонаҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок ва иншоотҳои зеризаминие, ки ба истихроҷи маъданҳои фоиданок марбут нестанд, баъди ба охир расидани мӯҳлати эътибори иҷозатнома ё пеш аз мӯҳлат қатъ шудани истифодаи сарватҳои зеризаминӣ барҳам дода ё хобонда мешаванд.

То ба охир расидани ҷараёни барҳамдиҳӣ ё хобондани корхона ва иншоотҳо истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ аз рӯи қонуни маз­кур масъулият ба душ дорад.

Дар сурати тамоман ё қисман барҳам додан ё хобондани корхона ё иншооти зеризаминӣ кону чоҳҳои кофташуда бояд ба ҳолате оварда шаванд, ки бехатарии ҳаёту саломатии аҳолӣ, ҳифзи муҳити зисти табиӣ, биноҳо ва иншоотҳоро таъмин кунад, дар сурати хобондани корхона бо­шад, кони маъданҳои фоиданок ва чоҳҳои кофташударо дар тамоми мӯҳлати хобондани кор эҳтиёт намояд.

Ҳангоми барҳам додан ва хобондани корхонаи истихроҷи маъданҳои фоиданок ё як қисми он, инчунин иншоотҳои зеризаминие, ки ба истихроҷи маъданҳои фоиданок алоқаманд нестанд, ҳуҷҷатҳои геологи, маркшейдерӣ ва асноди дигар дар лаҳзаи ба анҷом расидани корҳо тартиб дода, бо тартиби муқарраршуда барои ҳифз ва фонди давлатии ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризаминӣ супорида мешаванд. Барҳам додан ва хобондани корхонаи истихроҷи маъданҳои фоиданок ё иншоотҳои зеризаминие, ки ба истихроҷи маъданҳои фоиданок алоқаманд нестанд, пас аз имзои ақти барҳамхурӣ ва хобонидан аз тарафи мақомоти иҷозатнома дода ва мақоми давлатии назорати истихроҷи маъдан эътибор пайдо мекунад.

 

Моддаи 28. Ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризаминӣ

Ахбор дар бораи сохти геологии манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ, маъданҳои фоиданок, миқдору сифат ва шароити истихроҷи онҳо ва дигар хусусиятҳои манбаъҳои зеризаминие, ки дар ҳисоботи геологи, харитаҳо ва маводи дигар мавҷуд аст, моли фармоишгарест, ки барои корҳои ба даст овардани ин ахбор маблағ ҷудо кардааст, агар дар иҷозатномаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ шарти дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Ҳуқуқи моликият ба ахбори геологи ва маълумоти дигар оид ба сарватҳои зеризаминӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар объектҳоӣ моликият ҳифз карда мешавад.

Иҷрокунанда дар сурати халалдор нашудани манфиати тиҷоратии  фармоишгар, ки дар шартнома зикр ёфтааст, ҳуқуқ дорад ахбори дар натиҷаи корҳои истифодаи манбаъҳои зеризаминӣ ба дастовардаашро ба мақсадҳои фаъолияти илмӣ ва таълимӣ истифода барад.

Ахбори геологи ва дигар ахборе, ки аз ҳисоби маблағи давлатӣ ба даст омадааст, бо шакли муайяншуда ба фонди давлатии ахбори геологи барои ҳифзу танзим дода мешавад.       

Тартиб ва шартҳои истифодабариӣ ахбори зикршударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Ташкилоту корхонаҳо ва шаҳрвандоне, ки ахбори геологи ва дигар намудҳои ахборро оид ба сарватҳои зеризаминӣ аз ҳисоби маблағи худ  даст меоранд, ин ахбор ё маълумотро дар бораи он ба фонди давлатии ахбори геологи месупоранд ва шартҳои истифодаи онро дар асоси қонунгузории ҷорӣ муайян менамоянд.

Шахсони мансабдор ӯҳдадоранд, ки ҳангоми ҷамъ овардан, нигоҳ, доштан ва интиқол намудан, ё истифодаи дигари ахбор махфияти онро таъмин намоянд.

 

Моддаи 29. Баҳисобгирии давлатӣ ва бақайдгирии давлатӣ

Корҳои омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ, қитъаҳои манбаъҳои он, ки барои истихроҷи маъданҳои фоиданок ё ба мақсадҳои вобаста ба истихроҷ дода щудаанд, бояд аз тарафи давлат ба ҳисоб ва ба қайд гирифта шаванд. 

Баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатӣ мувофиқи системаи ягона ва тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 30. Экспертиза ва тасдиқи давлатии захираи маъданҳои фоиданок

Захираи маъданҳои фоиданоки конҳои кашфшуда бояд аз ҷониби миссияи давлатӣ оид ба захираи маъданҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди экспертизаи давлатӣ, баррасӣ ва тасдиқ қарор гирад. Номгӯи маъданҳои фоиданок ва миқёси камтарини конҳое, ки Комиссия мазкур бояд баррасӣ намояд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ барои истифода ба мақсади истихроҷи маъданҳои фоиданок танҳо пас аз экспертизаи давлатии захир онҳо иҷозат дода мешаванд.

Хулоса дар бораи экспертизаи давлатии захираи маъданҳои фоиданок асоси бақайдгирии давлатии захираи кашфшудаи маъданҳои фоиданок мебошад.

Захираи маъданҳои фоиданокро дар ҳамаи мархилаҳои омӯзиши геологии кон экспертизаи давлатӣ кардан мумкин аст, ба шарте ки маводи геологии ба экспертиза пешниҳодшуда барои арзёбии холисонаи сифату миқдори захираи маъданҳои фоиданок, аҳамияти он барои хоҷагии халқ, шароити техники, гидрогеологи, экологии истихроҷи маъдан ва шартҳои дигари истихроҷи он имкон диҳад.

Ахбор оид ба қитъаҳои манбаъҳои сарватҳои зеризаминие, ки барои сохтмон ва истифодаи иншоотҳои зеризаминӣ мувофиқ буда, бо кандани конҳои маъданҳои фоиданок вобаста нестанд, низ бояд мавриди экспертизаи давлатӣ қарор гирад. Чунин қитъаҳоро барои истифодабарӣ танҳо пас аз экспертизаи давлатии ахбори геологи додан мумкин аст.

Истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ дар сурати ба истифода додани манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ ҳамзамон барои омӯзиши геологи ва истихроҷи маъданҳои фоиданок метавонанд аз рӯи иҷозатнома маъданро то экспертизаи давлатии захираи маъданҳои фоиданок истихроҷ намуда, баъди ин маводеро, ки натичаҳои марҳалаи босуръат кандани конҳои маъданҳои фоиданокро дар бар мегиранд, пешниҳод кунанд.

Захираи маъданҳои фоиданок ва ахбори геологи оид ба қитъаҳои барои истифодабари пешбинишударо фақат мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертизаи давлатӣ мекунад.

 

Моддаи 31. Кадастри давлатии конҳо ва зуҳуроти маъданҳои фоиданок

Конҳо ва зухуроти маъданҳои фоиданок бо мақсади таҳияи барномаҳои давлатӣ ва минтақавии омӯзиши геологии манбаъҳои сарватҳо зеризаминӣ, истифодаи комплексии конҳои маъданҳои фоиданок, ҷойгиронии оқилонаи корхонаҳои истихроҷи он, инчунин бо дигар мақсадҳои хоҷагии халқ мавриди кадастри давлатӣ қарор мегиранд.

Кадастри давлатии конҳо ва зухуроти маъданҳои фоиданок бояд маълумотро дар бораи ҳар кон, сифату миқдори маъданҳои асосӣ ва маъданҳои фоиданоки ҳамроҳи онҳо ҷойгир, унсурони ин маъданҳо шароити техники, гидрогеологи, экологии истихроҷи маъдан ва дигар шароити истифодаи кон ва аҳамияти геологию иқтисодии он, инчуни маълумотро оиди ҳар як зухуроти маъданҳои фоиданок дарбар гирад.

 

Моддаи 32. Баланси давлатии захираи маъданҳои фоиданок ва аз ҳисоб баровардани захираҳои балансӣ

Бо мақсади ба ҳисобгирии вазъи базаи ашёи хоми минералӣ баланси давлатии захираи маъданҳои фоиданок ҷорӣ карда мешавад. Баланс давлатӣ бояд дар бораи миқдор, сифат, дараҷаи омӯзиши захираи ҳар як намуди маъдани фоиданоки конҳои дорои аҳамияти саноатӣ, ҷойгиршавии захираҳо, дараҷаи азхудкунии саноатӣ, истихроҷу талафот ва аз захираи маъданҳои фоиданоки кашфшуда таъмин будани саноат маълумот,  дошта бошад.                          

Маъданҳои фоиданоки истихроҷгардида ва ҳамчунин захираи маъданҳои фоиданок, ки дигар аҳамияти саноатӣ надоранд ва дар рафти истихроҷи маъдан гум шудаанд ва минбаъд зимни корҳои иқтишофи геологи е худ конкушои аҳамияташон тасдиқ нагардид, бояд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  ҳисоб бароварда шаванд.

Захираи дар баланс будаи маъданҳои фоиданок, ки аҳамияти саноатии худро гум кардааст ва дар рафти истихроҷ, гум шудааст ё худ минбаьд зимни корҳои иктишофи геологи ё конкушои аҳамияташ тасдиқ нагардидааст, бо мувофиқаи мақомоти назорати истихроҷи маъдан аз ҳисоби корхонаи истихроҷи маъдан бароварда мешавад.

 

Моддаи 33. Ҷорӣ намудани кадастри давлатии конҳо ва зуҳуроти маъданҳои фоиданок ва баланси давлатии захираҳои маъданҳои фоиданок

Кадастри давлатии конҳо ва зуҳуроти маъданҳои фоиданок ва баланси давлатии захираи маъданҳои фоиданок дар асоси ахбори геологи, ки ташкилоту корхонаҳои машғули омӯзиши геологии манбаъҳои зеризаминӣ мувофиқи Қонуни мазкур ба фонди давлатии ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризаминӣ мефиристанд, инчунин дар асоси ҳисоботи давлатии корхонаю ташкилотҳои кашфкунандаи конҳои маъданҳои фоиданок ва истихроҷи онҳо, ки бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамин фонд пешниҳод менамоянд, тартиб дода, ҷорӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 34. Ҳифзи қитъаҳои сарватҳои зеризаминии дорои аҳамияти махсуси илмию фарҳангӣ

Ҳар як фаъолияте, ки ҳифозати падидаҳои нодири геологи, унсурҳои минералоги, объектҳоӣ палеонтологи ва қитъаҳои дигари сарватҳои зеризаминии дорои аҳамияти махсуси илмию фарҳангӣ, мамнуъгоҳ ва ёдгориҳои геологиро халалдор мекунад, манъ карда мешавад.

Истифодабарандагон дар сурати ошкор намудани унсурҳои геологӣ-менералогӣ, шиҳобпора, объектҳоӣ палеонтологи, археологи ва объектҳои дигари дорои аҳамияти илмию фарҳангӣ ҳангоми истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бояд кори қитъаҳои дахлдорро боздошта, дар ин бора ба мақоми идораи фонди давлатии сарватҳои зеризаминӣ хабар диҳанд.

 

Моддаи 35. Нахусткашшофони конҳои маъданҳои фоиданок

Шахсоне нахусткашшофи конҳои маъданҳои фоиданок дониста мешаванд, ки кони маъданҳои фоиданоки қаблан номаълум ва хосиятҳои дигари сарватҳои зеризаминии дорои қимати саноатию илмӣ ё захираҳои иловагии маъданҳои фоиданок, инчунин хосияти қаблан номаълуми сарватҳои зеризаминӣ ва намуди нави ашёи хоми минералиро дар кони қаблан маълуме, ки аҳамияти саноатии конро афзун мекунад, кашф кардаанд.

Нахусткашшофони кони маъдани фоиданок ва хосиятҳои дигари пурқимати сарватҳои зеризаминӣ ба гирифтани мукофот ҳуқуқ доранд.

ҳуқуқи нахусткашшофон ва тартиби ба онҳо додани мукофоти пулиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

ФАСЛИ IV

ТАНЗИМӢ ДАВЛАТИИ МУНОСИБАТҲО ОИД БА ИСТИФОДАИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ

 

Моддаи 36. Вазифаҳои танзими давлатии муносибатҳои истифодаи манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ

Ба манфиати наслҳои имрӯзу фардои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ кардани базаи ашёи хоми минералӣ, истифодаю ҳифзи оқилонаи сарватҳои зеризаминӣ вазифаи асосии танзими давлатии муносибатҳо оид ба истифодаи манбаъҳои зеризаминӣ мебошад.

Муносибатҳо оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ тавассути идоракунӣ, иҷозатномадиҳӣ, баҳисобгирӣ ва назорат аз тарафи давлат танзим карда мешавад.

Вазифаҳои танзими давлатӣ аз инҳо иборат аст:

1) муайянкунии ҳаҷми истихроҷи намудҳои асосии маъданҳои фоиданок барои мархилаи ҷорӣ ва оянда умуман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манотиқи ҷудогонаи он;

2) тараққӣ додани базаи ашёи хоми минералӣ ва тайёр кардани захираи қитъаҳои манбаи сарватҳои зеризаминие, ки барои сохтмони иншоотҳои зеризаминии новобаста бо истихроҷи маъданҳои фоиданок истифода мешаванд;

3) муқаррар кардани ҳадду андозаи фиристодани ашёи хоми минералии истихроҷшаванда;

4) ҷорӣ намудани пардохтҳои вобаста ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва нархҳои танзимшавандаи намудҳои алоҳидаи ашёи хоми минералӣ;

5) муайян кардани стандартҳоӣ (меъёру қоидаҳоӣ) соҳаи омӯзиши геологи, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, бехатарии корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ.

 

Моддаи 37. Идораи давлатии истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ

Идораи давлатиро дар соҳаи истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои иҷроияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тавассути мақомоти давлатӣ (фонди ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризаминӣ, умури назорати истихроҷи маъдан ва ғайра) ба ҷо меоранд. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

Идора ва ихтиёрдорӣ кардани фонди давлатии сарватҳои зеризаминиро низомномаи дахлдори тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 38. Назорати давлатӣ ба истифодаи оқилона ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ

Таъмини риояи қоидаи муқарраркардаи қонунгузорӣ дар бобати истифодаи сарватҳои зеризаминӣ аз тарафи тамоми истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, стандартҳои (меъёру қоидаҳои) бо тартиби муайян муқарраркардаи соҳаи омӯзиши геологи, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, қоидаҳои ҷорӣ намудани ҳисобу китоб ва ҳисоботи давлатӣ вазифаи назорати давлатӣ ба истифодаи оқилона ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ мебошанд.

Назорати давлатиро ба истифодаи оқилона ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ мақомоти давлатии назорати геологи, мақомоти давлатии назорати истихроҷи маъдан якҷоя бо мақомоти ҳифзи табиат ва мақомоти дигари давлатӣ ба ҷо меоранд.

Ваколати мақомоти давлатии назорати геологиро низомномаи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 39. Назорати давлатии истифодаи бехатари сарватҳои зеризаминӣ ва ҳифзи онҳо

Аз тарафи тамоми истифодабарандагони сарватҳои зеризамини, риоя кардани қонунгузорӣ, стандартҳои (меъёру қоидаҳои) муқарраршудаи иҷрои бехатари корҳо, пешгирӣ ва бартараф кардани оқибати зараровари онҳо ба аҳолӣ, муҳити зист, биноҳо ва иншоотҳо, инчунин ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ вазифаи назорати давлатии истифодаи хатари бехатарии сарватҳои заризаминӣ ва ҳифзи онҳо ба шумор мераванд.

Назорати давлатии истифодаи бехатари сарватҳои зеризаминӣ ва ҳифзи онҳо ба зиммаи мақомоти давлатии назорати истихроҷи маъдан гузошта мешавад. Ин мақомот фаъолияти худро якҷоя бо мақомоти давлатии назорати геологи, ҳифзи табиат ва мақомоти дигари манфиатдор амалӣ мегардонанд.

Салоҳияти мақомоти давлатии назорати истихроҷи маъдан, ҳуқуқ, вазифаҳо ва тартиби кори онҳоро низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 40. Назорати идоравӣ ба истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ

Истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, инчунин иттиҳодияҳои онҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ӯҳдадоранд ба риояи тартиби муқарраршудаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва ҳифзи он назорати идоравӣ ташкил намоянд.

Назорати идоравиро хадамоти маркшейдерӣ, геологи ва хадамоти дигари корхонаҳо ва иттиҳодияҳои онҳо ё ташкилотҳои махсус дар асоси шартнома амалӣ мегардонанд.

Низомномаҳои намунавии хадамоти маркшейдерӣ ва геологиро мақоми давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Бидуни хушсифат ва сари вақт таъмин намудани корҳои геологи ва маркшейдерии истихроҷи маъдан, инчунин бидуни баҳисобгирии вазъ ва камузиёдшавии захираи маъданҳои фоиданок истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ манъ аст.

 

Моддаи 41. Лоиҳакашии корхонаҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок ва коркарди ашёи хоми минералӣ, инчунин иншоотҳои зеризаминии новобаста ба омӯзиши сарватҳои зеризаминӣ ва истихроҷи маъданҳои фоиданок

Лоиҳаи корхонаҳои истихроҷи маъдан, инчунин иншоотҳои зеризаминӣ новобаста ба омӯзиши сарватҳои зеризаминӣ ва истихроҷи маъданҳои фоиданокро ташкилотҳои махсуси лоиҳакашӣ дар асоси захираи тасдиқшудаи маъданҳои фоиданок бо назардошти таъмини бехатарии экологи ва тараққиёти комплексии минтақа мекашанд.

Ҷойҳои сохтмони корхонаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳои фоиданок, инчунин иншоотҳои зеризаминии новобаста ба омӯзишу истихроҷи маъданҳои фоиданокро комиссияҳои махсус ташкилшуда муайян карда, бо мақомоти худидораи маҳаллӣ, мақомоти назорати давлатии истихроҷи маъдан ва мақомоти дигари манфиатдор мутобиқ менамоянд.

Дар рафти лоиҳакашии корхонаҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок ва коркарди ашёи хоми минералӣ, инчунин иншоотҳои зеризаминии новобаста ба мақсадҳои омӯзиши сарватҳои зеризаминӣ ва истихроҷи маъданҳои фоиданок ташкилоти лоиҳасоз ӯҳдадор аст, ки маълумотро дар бораи хусусиятҳои таъсири объекти лоиҳавӣ ба муҳити зист интишор намояд.

Лоиҳаҳои сохтмон, васеъкунӣ ва навсозии корхонаҳои истихроҷи маъдан ва иншоотҳои зеризаминӣ то амалӣ шуданашон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд экспертизаи комплексии давлатӣ, аз ҷумла экспертизаи экологи шаванд.

Меъёрҳои лоиҳакашии технологии корхонаҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок ва коркарди ашёи хоми минералӣ, инчунин иншоотҳои зеризаминии новобаста аз мақсадҳои омӯзиши сарватҳои зеризамини ва истихроҷи маъданҳои фоиданок истифодашаванда бояд бо мақомоти давлатии назорати истихроҷи маъдан дар доираи салоҳияти он мувофиқат карда шаванд.

Ташкилотҳое, ки лоиҳаи корхонаҳо ва технология, маҳсулот ва таҷҳизоти марбут ба истифодабарии сарватҳои зеризаминиро мекашанд, инчунин ташкилотҳое, ки чунин лоиҳаҳоро мавриди экспертиза қарор медиҳанд, бояд иҷозатномаи бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додашударо дошта бошанд.

 

Моддаи 42. Талабҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок, коркарди ашёи хоми минералӣ ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба мақсадҳои дигар

Истихроҷи маъданҳои фоиданок ва ба мақсадҳои дигар истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ мувофиқи қонунгузории амалкунанда лоиҳаҳои тасдиқшуда, нақшаҳои вусъати корҳои истихроҷи маъдан, лоиаҳо  ва схемаҳои истихроҷи нафт, газ, обҳои зеризаминӣ, қоидаҳои истифодаи техника, қоидаҳои ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, қоидаҳои санитарӣ, меъёрҳои экологи ва ғайра амалӣ гардонда мешавад.

Қоидаҳои истифодаи техника, қоидаҳои ҳифзи сарватҳои зеризаминиро мақомоти давлатии махсус ваколатдоршуда тасдиқ менамоянд.

Ҳангоми истихроҷи маъданҳои фоиданок, коркарди ашёи хоми минералӣ ва ба мақсадҳои дигар истифода бурдани сарватҳои зеризамини бояд корҳои зерин ба ҷо оварда шаванд:

1) роҳ надодан ба талафоти аз меъёр зиёд ва каммаъданшави тарошидани танаву қабати конҳои маъдан, интихобан истихроҷ кардани маъдан, ки аз ин қимати захираи ашёи хоми минералии дар конҳо боқимонда паст мешавад, инчунин захираи маъданҳои фоиданок беасос талаф меёбад;

2) дар рафти корҳои истихроҷи маъдан роҳ, надодан ба вайроншавии конҳои фаъол ва конҳои ҳамшафати онҳо, инчунин ҳифз намуд захираи маъданҳои фоиданоке, ки дар қаъри замин муваққатан нигоҳ дошта мешаванд ва конҳои маъдане, ки барои истифодаи минбаъда лозиманд;

3) баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии давлатии камузиёдшавии захираи маъданҳои фоиданок, талаф ва камтаркибшавии маъданҳои фоиданок ба инобат гирифтани азхудкунии комплексӣ ва истифодаи ашёи хоми минералӣ, инчунин миқёси коркардшудаи кони сарватҳои зеризамини;

4) бозиқтишофи кони маъданҳои фоиданок ва иҷрои дигар корҳои геологи, корҳои маркшейдерӣ, инчунин тартиб додану ҳифз кардани ҳуҷҷатҳои геологию маркшейдерӣ;

5) баҳисобгирӣ ва назорати сифату миқдори тақсими ҷузъиёти фоиданоки ашёи хоми минералии мавриди коркард, маҳсулоти ниҳоӣ партови маъдан;

6) бехатар анҷом додани корҳое, ки бо истифодаи қаър вобастаанд;

7) ҷорӣ намудани назорати доимии ҳолати объектҳои гуронидани (дар анбор ҷой додани) моддаҳои зараровар ва ҳолати муҳити табии зист, инчунин андешидани тадбирҳои самарабахши муҳофизат ва вақт огоҳ намудани аҳолӣ ҳангоми сар задани фалокат;

8) роҳ, надодан ба ҷойгиронии моддаҳои зараровар ва партовҳои захрдор дар ҳудуди конҳои маъданҳои фоиданок, дар болои захираи маъданҳо, иншоотҳо ва объектҳои воқеи манбаъҳои зеризаминӣ;

9) роҳ, надодан ба гуронидани партовҳои басо хавфнок ва радиоактивии корхонаҳои давлатҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ дар қитъаҳои кӯҳию замини ҷудо кардашуда.

 

ФАСЛИ V

ПАРДОХТИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ

 

Моддаи 43. Системаи пардохти ҳаққи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Истифодаи сарватҳои зеризаминӣ пулакӣ мебошад.

Системаи пардохти ҳаққи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ аз инҳо иборат аст:

— пардохт барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;

— маблағҷудокунӣ барои васеъ кардани базаи ашёи хоми минералӣ;

пардохти ҳаққи иҷозатнома. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

Ғайр аз ин, истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ боҷу андоз ва намудҳои дигари пардохт, ки Қонун пешбинӣ намудааст, аз ҷумла ҳаққи истифодаи замин ва ахбори геологи месупоранд. Онҳо дар сурати каммаъдан шудани манбаъҳои зеризаминӣ мувофиқи моддаи 48-уми Қонуни мазкур тахфифи пардохтро гирифта метавонанд.

 

Моддаи 44. Пардохт барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Пардохт барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ҳангоми ҷустуҷӯӣ, иктишофу омӯзиши конҳои маъданҳои фоиданок, ҳангоми истихроҷ ва мақсадҳои дигари истифодаи сарватҳои зеризаминӣ аз тамоми истифодабарандагони сарватҳоӣ зеризаминӣ, аз ҷумла ҳангоми ба истифодаи манбаъҳои зеризаминӣ ҷалб гардидани маблағгузорони хориҷи, ситонда мешавад мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Андоза ва тартиби ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ворид гардидани пардохтро шартномаю иҷозатномаҳо, аз ҷумла консессияҳо дар бораи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, инчунин ҳуҷатҳои таъсисӣ барои барпо кардани ҷамъиятҳои ҳархелаи саҳоми, ассотсиатсияҳо ва корхонаҳои муштарак, аз ҷумла якҷоя бо ширкату корхонаҳои хориҷӣ, муайян мекунанд. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

          Ҳангоми пешниҳод намудани қитъаи замин барои истифодаи конҳои канданиҳои фоиданок, истифодабаранда хароҷоти давлатӣ ва ё шахси ҳуқуқии дигарро, ки барои ҷустуҷў, арзёбӣ ва иктишоф масраф шудааст, пардохт менамояд. Хароҷот бо тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои ҷуброни хароҷоти ҷустуҷў, арзёбӣ ва иктишофи канданиҳои фоиданок, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, пардохта мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08с №471).

 

Моддаи 45. Шаклҳои пардохт барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Пардохт барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар шаклхои зерини муқарраркардаи иҷозатнома ситонида мешавад:

1) музди пулакӣ;

2) як қисми ашёи хоми минералии истихроҷшуда ё дигар маҳсулоте, ки истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ истеҳсол мекунад, ба истиснои маводи радиоактивӣ, металлҳои асил, алмос ва дигар маводу маҳсулоте, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд;

3) иҷрои кор ё хизматрасонӣ, ба истиснои хизмати дорои хусусият ҳарби ва ахборе, ки сирри давлатӣ ё тиҷоратии корхона мебошад;

4) ба ҳисоб гирифтани маблағе, ки ба буҷети ҷумҳурӣ ва буҷетҳо Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо чун ҳиссаи фонди ибтидоии корхона сохташавандаи истихроҷи маъдан ирсол мегардад. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

Андозаи пардохт барои ҳуқуқи истихроҷ бо назардошти намудҳои маъдани фоиданок, миқдору сифати захираи он, шароити табиию географӣ, иқтисодӣ ва шароити техникии ҷустуҷӯ ва иктишоф, баҳрабардории кон, дараҷаи таҳдиди хавфу хатар муайян карда мешавад. Тартиби каму беш пардохтани андозро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 46. Маблағҷудокунӣ барои васеъ кардани базаи ашёи хом минералӣ

Пул барои васеъ кардани базаи ашёи хоми минерали аз тарафи истифодабарандагони сарватҳои зеризамини, ки бо истихроҷи ҳамаи намудҳои маводи маъдани машғуланд, мувофиқи моддаи 15 –уми ин Қонун ҷудо карда мешавад. Ин пул ба буҷети ҷумҳури дар шакли пардохти ҷуброни ҷузъии хароҷоти корҳои омӯзиши геологии дохил мешавад ва барои бо пул таъминкунии корҳои омӯзиши геологии сарватҳои зеризамини ва арзёбӣ намудани захираҳои маъданҳои фоиданок истифода мегардад.

            Маблағҳои пардохтнамудаи истифодабарандагон, ки корҳои иктишофи геологиро мувофиқи лоиҳаи аз ҷониби мақоми ваколатдор тасдиқшуда (мувофиқашуда) маблағгузорӣ намудаанд, ба ҳаҷми маблағгузории воқеӣ баъд аз тасдиқ намудани захираҳои канданиҳои фоиданок аз ҷониби Комиссияи давлатии захираҳо ва тасдиқи воқеияти кашфи кон аз тарафи мақоми ваколатдор аз ҳисоби кам кардани маблағи пардохтҳои истифодабарандагони қаъри замин (роялти ва бонуси истихроҷӣ), ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ҷуброн карда мешавад.(ҚҶТ аз 31.12.08с №471).

Андозаи маблақҷудокуниро барои васеъ кардани базаи ашёи хо­ми минералӣ, тартиби ситондан ва тақсиму истифодаи онро Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.       

         

Моддаи 47. Пардохти ҳаққи иҷозатномадиҳӣ

Ҳаққи иҷозатномадиҳӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» пардохт карда мешавад. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351).

 

Моддаи 48. Кам кардани пули пардохт барои каммаъдан шудани манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ

Барои каммаъдан гаштани манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ аз шахсони зерин барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ камтар пули пардохт ситонида мешавад:

1) аз истифодабарандаи сарватҳои зеризаминие, ки бо вуҷуди кам будани даромади иқтисодии кон шартҳои истифодаи оқилонаи захираҳои кашфшударо риоя намуда, бо сабабҳои объективӣ маъданҳои фоиданоки камеб истеҳсол мекунад;

2) аз истифодабарандаи сарватҳои зеризаминие, ки аз захираи боқимондаи пастсифат, ба истиснои ҳолатҳое, ки сифати захираи маъданҳои фоиданок дар натиҷаи интихобан истихроҷ, намудани маводи кон паст мегардад, маъданҳои фоиданок истихроҷ, менамояд.

Қарори кам кардани пули пардохтро барои каммаъдан шудани манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ мақоми давлатие қабул мекунад, ки барои ҳуқуқӣ истифодаи сарватҳои зеризаминӣ иҷозатнома медиҳад.

 

ФАСЛИ VI

ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР БОРАИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ

 

Моддаи 49. Чавобгарӣ барои вайрон кардани Қонун дар бораи сарватҳои зеризаминӣ

Шахсиятҳои ҳуқуқӣ ва шаҳрвандоне, ки барои аъмоли зайл гунаҳкоранд:

1) риоя накардани тартиботи муқарраркардаи ҳамин Қонуни истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;

2) худсарона истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ;

3) риоя накардани талаботи стандартҳои (меъёру қоидаҳои) бо тартиби муайян тасдиқшудаи истифодаи бехатари сарватҳои зеризаминӣ, ҳифзи онҳо ва муҳити табиии зист, аз ҷумла хилофкориҳое, ки манбаъҳои зеризаминиро олуда сохта, кони маъданҳои фоиданокро ғайриқобили истифода мегардонанд;

4) риоя накардани ҳуқуқӣ моликият ба ахбори геологи ва ахбори дигар ва ё ҳуқуқӣ ҳифзи махфияти он;

5) сохтмони худсарона дар масоҳати конҳои маъданҳои фоиданок;

6) эҳтиёт накардани биноҳо, иншоотҳо ва инчунин ҳудуди махсус ҳифзшаванда ва объектҳои муҳити табиии зист ҳангоми истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;

7) нобуд кардан ё зарар расондан ба чоҳҳои мушоҳидавию режимии обҳои зеризаминӣ, инчунин аломатҳои маркшейдерӣ ва геологи;

8) мудом риоя накардани тартиби пардохти пули истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;

9) иҷро накардани талабҳои барои аҳолӣ бехавф гардонидани ко­ну чоҳҳое, ки барҳам дода, ё худ хобонида мешаванд, инчунин талаб­ҳои эҳтиёт кардани манбаъҳои маъданҳои фоиданок, кону чоҳҳо дар давраи хобондани онҳо;

10) қобили истифодаи минбаъда накардани қитъаҳои замин ва дигар объектҳои табиие, ки дар натиҷаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ зиён дидаанд; 

11) иҷро накардани фармонҳои мақомоти назоратӣ, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷинои, маъмурӣ ва ҷавобгарии дигар кашида мешаванд.

Қонунгузорӣ метавонад барои аъмоли дигари зидди Қонуни сарватҳои зеризаминӣ низ ҷавобгарӣ муқаррар намояд.

 

         Моддаи 50. Ҳал намудани баҳсҳо

Баҳсҳо оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

 

Моддаи 51. Додани товони зиён

Товони зиёне ки дар натиҷаи фаъолияти корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, шаҳрвандон, мақомоти ҳокимият ва идораҳо ба истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ расидааст, аз ҳисоби маблағи худашон ва буҷетҳои дахлдор ҷуброн мешавад.

Агар қитъаи манбаъҳои зеризаминӣ мавриди истифода қарор нагирифта бошад, товони зиён ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон, буҷетҳои ноҳияю шаҳрҳо бо роҳи ҳиссагузорӣ ирсол мегардад.

Бо ризояти тарафҳои манфиатдор ҷуброни пулии зиёнро метавон бо корҳои барқарорсозии хусусиятҳои табиии харобгардидаи манбаъ­ҳои сарватҳои зеризаминӣ иваз кард.

Истифодаи худсаронаи сарватҳои зеризаминӣ ва сохтмони худсарона дар замини дорои манбаи маъданҳои фоиданок бидуни ҷуброни хароҷоти истифодаи ғайри қонунии сарватҳои зеризамини қатъ ме­гардад.

 

ФАСЛИ VII

 ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛХАЛҚИ

 

Моддаи 52. Шартномаҳои байналхалқӣ

Агар дар шартномаи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ба қоидаҳои муқарраркардаи Қонуни мазкур қойдаҳои дигар муайян шуда бошанд, қоидаҳои шартномаи байналхалқӣ татбиқ карда мешаванд.

 

 

Раиси Шӯрои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                          Э. РАҲМОНОВ

 

шаҳри Душанбе, 20 июли соли 1994,

 № 983

 

 

 

ҚАРОРИ ШӮРОИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар хусуси мавриди татбиқ қарор доданӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ»

 

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1004, №15-16, мод. 236)

 

 

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» аз лаҳзаи нашр шуданаш мавриди татбиқ қарор дода шавад.

2. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон:

қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамин Қонун мутобиқ намояд;

дар хусуси ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» мутобиқ гардонидани санадҳои қонунгузории ҷорӣ бо тартиби муқарраршуда таклифҳо тайёр намояд;

аз ҷониби вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва бекор карда шудани санадҳои меъёрӣ ва дигар санадҳояшонро, ки хилофи Қонуни мазкур мебошанд, таъмин кунад.

 

 

Раиси Шӯрои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                Э. РАҲМОНОВ

 

шаҳри Душанбе,  20 июли соли 1994,

№984