ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ГУЛҲОИ СИЁВУШ ВА ЛОЛА – РАМЗИ ЭҲЁ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 22/06/2026 - 08:42
     Баҳор дар диёри зебоманзари мо, Тоҷикистон, ҳамеша бо эҳёи табиат ва шукуфоии гулҳои рангоранг оғоз меёбад. Гулҳо барои миллати мо танҳо узви табиат нестанд, балки унсури муҳими фарҳанг, таърих ва ҷаҳонбинии ниёгонамон ба шумор мераванд. Дар ин миён, гули Сиёвуш ва гули Лола ҷойгоҳи махсусу таърихӣ доранд ва чун рамзи баҳору ифтихори миллӣ шинохта мешаванд.
      Гули Сиёвуш: Рамзи покӣ ва эҳёи ҷовидонӣ
     Гули Сиёвуш танҳо номи як гул нест. Он рамзи қадимии баҳор, Наврӯз эҳёи табиат ва ёдбуди қаҳрамони поку бегуноҳи таъриху афсонаҳои мо - Сиёвуш мебошад. Дар фарҳанги тоҷикон ва дигар мардумони эронинажод ин гул бо афсона, таърих, маросимҳои наврӯзӣ ва эътиқодҳои қадима сахт пайваст аст.
     Бино ба ривоятҳои мардумӣ ва достонҳои «Шаҳнома»-и Фирдавсӣ, ин гули зебо аз хуни ноҳақ рехтаи шаҳзодаи ҷавону покдоман Сиёвуш дар замин рӯидааст. Аз ин рӯ, он паёми зиндашавии табиат ва пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ба ҳамроҳ меорад ва аввалин шуда аз омадани Наврӯзи оламрӯз мужда медиҳад.
     Гули Сиёвуш бо Наврӯз сахт алоқаманд аст, зеро ҳар ду рамзи эҳё, зиндашавӣ ва оғози нав мебошанд. Наврӯз ҷашни бедор шудани табиат пас аз зимистон аст. Сиёвуш низ дар тасаввури мардумӣ бо марг ва боз зиндашавии табиат пайваст мешавад.
     Фолклоршиносон гуфтаанд, ки дар баъзе устураҳои қадима гули Сиёвуш ҳамчун рамзи табиат фаҳмида мешуд: дар тирамоҳ гӯё табиат “мемурд”, дар баҳор бошад, бо шукуфтани гулҳо “зинда” мешуд. Аз ин рӯ, гулҳои аввалини баҳорӣ муждаи зиндашавии табиат ва омадани Наврӯз ҳисоб мешуданд.
      Дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон номи ин гулҳо каме фарқ мекунад. Дар баъзе ҷойҳо онро гули сияҳгӯш, гули наврӯзӣ, гули ҳасрат, бойчечак ё гули Сиёвуш мегӯянд. Манбаъҳои тоҷикӣ менависанд, ки гули сияҳгӯш ва бойчечак аз аввалин гулҳои баҳорӣ буда, мардумро аз наздик шудани Наврӯз огоҳ мекунанд.
    Гули Лола: Рамзи ҷавонӣ ва ишқи пок
     Агар гули Сиёвуш муждарасони баҳор бошад, лола таҷассуми авҷи зебоии он аст. Дар адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, гули лола рамзи ҷавонӣ, зебоӣ, латофат ва ишқи пок ба шумор меравад. Ранги сурхи онро шоирон ба рухсори ёр ва ё дили хуншори ошиқ монанд кардаанд.
     Маҳз ба хотири ин зебоӣ, «Сайри гули лола» яке аз ҷашнҳои қадимии баҳории мардуми тоҷик мебошад. Ин анъанаи ниёгон имрӯзҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аз нав зинда гардида, ҳамчун озмуни ҷумҳуриявӣ ва иди умумихалқӣ ба таври васеъ ва бо шукуҳи хоса таҷлил мегардад, ки шаҳру деҳоти моро ба гулистон табдил додааст.
     Дар байни тамоми гулҳои баҳорӣ Лола гули «Ороиши соли нав», «Арӯси сол» ва ҳоло бо номи «Маликаи табиат» дар айёми баҳор ба ҳисоб меравад, ки дар фасли баҳор ин гул тамоми дашту теппаҳоро дар байни сабзаву гиёҳҳо махмалпӯш намуда, табиатро бо ҷилваи латифи худ зебову ҳаловатбахш менамояд.      Мутаассифона, ин гули худрӯи табиии зебо умри нисбатан кӯтоҳе дорад, зеро он на тоқати гармо ва на тоқати сармои сахтро дорад.
     Ин гули зебо дар ҳақиқат ҳамчун «Маликаи табиат» ниҳоят зарифу нозук буда, ҳавои баҳоронаи нарму латиф ва муътадилро дӯст медорад ва ба он бодҳои сахту шамолҳои тунд ва офтоби сӯзон душмани қавӣ мебошанд. Гули Лола гули ишқу муҳаббат, ваҳдату ягонагӣ байни гиёҳону дигар гулҳои худрӯи табиат буда, ҳаргиз ба ҳеҷ кадоми онҳо зарар намерасонад.
     Боиси ифтихори бузург аст, ки ватани аслии лолаҳои худрӯю кӯҳҳо ва даштҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон мебошад. Маҳз аз ин сарзамини афсонавӣ ин гул ба Эрон ва сипас ба Туркия бурда шуд.
     Дар асри 16 Султони Туркия ҳазорҳо дона пиёзаки лоларо ба кишвараш мебарад. Баъдтар ин гул ба Аврупо, махсусан ба Голандия (Нидерланд) мебаранд. Дар Голандия лола чунон гаронбаҳо мешавад, ки нархи як пиёзаки он баробар ба нархи як хона мешавад.
     Гулҳои миллӣ - гули Сиёвуш ва лола - шиносномаи баҳории ватани мо ҳастанд. Онҳо ба мо ёдрас мекунанд, ки мо ворисони замине ҳастем, ки ба ҷаҳон зебоӣ ва фарҳанги гулпарвариро ҳадя кардааст. Ҳифзи ин гулҳо, эҳёи ҷашнҳои марбут ба онҳо ва шукуфон кардани Тоҷикистон вазифаву ифтихори ҳар як сокини ин марзу буми биҳиштосост.
 
 
Шубаи ҳуқуқи байналмилалии
Маркази миллии қонунгузории
назди Президенти Ҷумҳурии
 Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад