ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 25/06/2026 - 15:31
     Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими пояҳои давлатдории мустақил, таъмини суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва пешрафти иҷтимоии кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Таҷрибаи давлатҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки рушди устувори ҷомеа бидуни ҳамдигарфаҳмӣ, ризоияти сиёсӣ ва ҳамбастагии шаҳрвандон имконнопазир аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин қонунияти умумӣ истисно набуд. Солҳои аввали истиқлолият яке аз давраҳои мураккаб ва сарнавиштсози таърихи кишвар ба ҳисоб меравад. Бӯҳрони сиёсӣ, ихтилофҳои иҷтимоӣ ва низоъҳои мусаллаҳона боиси талафоти зиёди ҷонӣ, зарари ҷиддии иқтисодӣ ва заиф гардидани пояҳои давлатдорӣ шуданд. Дар чунин шароит зарурати таъмини сулҳу субот, расидан ба созиши миллӣ ва барқарор намудани ваҳдати ҷомеа ҳамчун омили асосии ҳифзи давлатдорӣ ва рушди минбаъдаи кишвар ба миён омад.
     Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 на танҳо анҷоми расмии ҷанги шаҳрвандиро муқаррар намуд, балки оғози марҳилаи нави рушди давлатдорӣ ва ҷомеаи Тоҷикистонро асос гузошт. Ин санади таърихӣ барои барқарор намудани эътимоди шаҳрвандон ба давлат, таҳкими низоми идоракунии давлатӣ ва муттаҳид сохтани неруҳои сиёсиву ҷамъиятӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи сулҳпарвар ва устувор заминаи мусоид фароҳам овард. Дар натиҷаи ба даст омадани ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист хатари парокандашавии давлатдориро бартараф намуда, ба марҳилаи рушди устувор ва созандагӣ ворид гардад. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ бояд на танҳо ҳамчун воқеаи муҳими таърихӣ, балки ҳамчун арзиши бунёдии давлатдорӣ ва раванди пайвастаи таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ арзёбӣ шавад.
     Таҳлили рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи баъд аз барқарор гардидани сулҳ нишон медиҳад, ки дастовардҳои муҳими кишвар бевосита ба таҳкими сулҳ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошанд. Рушди иқтисодӣ, афзоиши истеҳсолот, татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ, бунёди роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳои барқӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ маҳз дар шароити сулҳу субот ва амнияти ҷомеа амалӣ гардиданд. Таҷрибаи байналмилалӣ низ собит менамояд, ки ҷалби сармоя, рушди соҳибкорӣ ва ташаккули муҳити рақобатпазири иқтисодӣ танҳо дар шароити устувори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ имконпазир аст. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ на танҳо арзиши муҳими сиёсӣ ва иҷтимоӣ, балки яке аз омилҳои асосии рушди устувори иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад.
     Дар баробари ин, аҳамияти ваҳдати миллӣ танҳо ба масъалаҳои иқтисодӣ маҳдуд намешавад. Он дар таҳкими ҳувияти миллӣ, эҳтироми гуногунандешӣ, рушди фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони миллат ва гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ зиндагӣ мекунанд. Таърих гуфоҳи он аст, ки ҳифзи ягонагии ҷомеа танҳо дар заминаи эҳтироми мутақобила, таҳаммулпазирӣ ва муколамаи созанда имконпазир аст. Дар ин росто, ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асосии муттаҳидсозии шаҳрвандон, новобаста аз мансубияти миллӣ, динӣ ё иҷтимоии онҳо, баромад намуда, ҳисси масъулиятшиносӣ ва садоқатро нисбат ба давлат ва манфиатҳои миллӣ тақвият мебахшад.
     Дар шароити муосир, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои нави сиёсӣ, иттилоотӣ ва идеологӣ рӯ ба рӯ мебошад, аҳамияти ваҳдати миллӣ беш аз пеш меафзояд. Равандҳои ҷаҳонишавӣ, рушди шабакаҳои иҷтимоӣ ва паҳншавии босуръати иттилоот ба афкори ҷамъиятӣ таъсири назаррас мерасонанд. Дар чунин шароит, ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва рушди фарҳанги муколама аз ҷумлаи омилҳои муҳиме ба ҳисоб мераванд, ки барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, ҳифзи суботи ҷомеа ва рушди устувори давлат мусоидат мекунанд.
     Махсусан ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ нақши муҳим доранд. Онҳо бояд дарк намоянд, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ арзишҳои бузурге мебошанд, ки бо заҳмату талошҳои зиёд ба даст омадаанд. Надонистани сабақҳои таърих метавонад боиси такрори хатогиҳои гузашта гардад. Аз ин рӯ, омӯзиши воқеии таърихи давраи душвори кишвар ва қадршиносии сулҳу ваҳдат барои ташаккули ҷаҳонбинии солим ва ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ аҳамияти муҳим дорад.
     Имрӯз, дар шароите ки Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи рушди устувор ва таҳкими мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ идома медиҳад, ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асосии пешрафти ҷомеа аҳамияти хос дорад. Татбиқи самараноки барномаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ танҳо дар фазои сулҳ, субот ва ҳамдигарфаҳмӣ имконпазир мебошад. Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ бояд ҳамчун вазифаи доимии давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд арзёбӣ гардад. Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон на танҳо як воқеаи муҳими таърихӣ, балки арзиши пойдори миллӣ ва омили муттаҳидкунандаи ҷомеа мебошад, ки рушди устувор, зиндагии шоиста ва таҳкими давлатдории миллиро таъмин менамояд.
 
Акбарализода Ҷасур Акбаралӣ,
сардори шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ
ва оилавии Маркази миллии қонунгузорӣ
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад