ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

БАЪЗЕ АЗ МАСЪАЛАҲОИ ҲУҚУҚИИ МУҲОҶИРАТИ НОБОЛИҒОН

-A A +A
Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Чшб, 05/10/2022 - 09:08
 
БАЪЗЕ АЗ МАСЪАЛАҲОИ ҲУҚУҚИИ
МУҲОҶИРАТИ НОБОЛИҒОН
 
   Аъзои оилаи муҳоҷирон, аз ҷумла кудакону ноболиғон категорияи дар ин раванд осебпазир дониста мешаванд, зеро то ҳануз танзими ҳуқуқии ин масъала дар сатҳи байналмилалӣ ва аз  ҷониби давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирон пурра таъмин нашудааст. 
   Бахусус муҳоҷирати кӯдакон падидаи нав набуда, таърихи тулонӣ дорад. Кӯдакон ҳам писарон ва ҳам духтарон ҳамеша барои дарёфти имкониятҳои беҳтари зист, таҳсил ва ё таъмини бехатариашон бо оилаашон ҷойи иқомат ва кишварашонро тарк мекунанд ва  муҳоҷир мешаванд. Кудакон албатта ба муҳити нави зист тезтар ворид ва мутобиқ мешаванд. Аммо, мушкилоти онҳо дар ин раванд ҷой доштани муҳоҷирати ғайриқонунӣ, хатари хариду фуруши онҳо, табъиз нисбаташон ҳамеша  ҷой дорад.
   Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯзҳо ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ, дар қатори кишварҳои дигари ҷаҳон ва минтақа таҳдиду хатарҳои муосирро, аз ҷумла, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро ба амнияти миллӣ эҳсос намуда ва бо мақсади муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб дар ҳамгироӣ  бо созмонҳои бонуфузи амниятии байналмилалӣ ва минтақавӣ чораҷӯӣ менамояд.
   Бояд хотирнишон намуд, ки бо мақсади амалӣ намудани чораҳои маҷмӯӣ ва саривақтии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ “Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” қабул шудааст.
  Мақсади асосии Барнома паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар мамлакат тавассути такмил додани фаъолияти сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ оид ба огоҳкунии кирдори зиддиҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, ҳамчунин бартараф намудани оқибатҳои манфии онҳо, ҷорӣ намудани навоварӣ, таҷрибаи пешқадам дар самти муқовимат ба кирдори ғайриҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, боварӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз таҷовузи ҷиноятӣ иборат мебошад [1].
   Мувофиқи арзёбии глобалии охирини Хазинаи кудакони Созмони миллалӣ мутаҳид шумораи умумии кӯдакони муҳоҷир, тақрибан ба 31 миллион нафар расидааст [2]. Ин рақам шумораи умумии муҳоҷирони  синнашон то 18-солаеро ифода мекунад, ки дар кишварҳои хориҷӣ таваллуд ёфта, шаҳрвандии ин давлатҳоро надоранд. Ҳарчанд то ҳол омори даққиқ дар хусуси аз кадом  кишвар муҳоҷир шудани онҳо, давомнокии муҳоҷираташон, вазъи ҳуқуқӣ ва дигар иттилоот дар бораи онҳо мавҷуд нест.
   Дар санадҳои байналмилалӣ мафҳуми муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо истифода мешавад. Яке аз критерияҳое, ки муҳоҷири меҳнатиро фарқ мегузорад ва бояд ҳатман дар муайянсозии низоми ҳуқуқӣ барои ин гурӯҳи кормандон ба назар гирифта шавад, ин воридшавии муҳоҷири меҳнатӣ ба давлати хориҷӣ дар якҷоягӣ бо аъзои оила худ мебошад. Конвенсияи СММ ва Конвенсияи ТБМ дар бораи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи онҳо дахл мекунанд. Аз ҷумла, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мафҳуми «аъзои оила»-ро муайян намудаст.
   Тибқи моддаи 4 Конвенсияи мазкур мафҳуми “аъзои оила” шахсонеро дар назар дорад, ки бо муҳоҷири меҳнатӣ дар ақди никоҳ  ё дар муносибатҳои муайяне ҳастанд, ки мутобиқи қонунҳои татбиқшаванда метавонанд ба ақди никоҳ баробар дониста шаванд, инчунин фарзандон ва дигар  шахсони таҳти саробонии онҳо қарор доштае, ки  тибқи қонунҳои татбиқшаванда ё созишномаҳои дуҷониба ва ё бисёрҷонибаи байни давлатҳои дахлдор аъзоёни оилаи онҳо эътироф мешаванд. Ҳамингуна муқаррарот доир ба мафҳуми «аъзои оилаи муҳоҷири меҳнатӣ» дар Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ дар доираи ИДМ мавҷуд аст.
   Масалан, тибқи моддаи 30 Конвенсияи байналмилалии СММ аз 18 декабри соли 1990 «Дар бораи  ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо» “ҳар як кудаки  муҳоҷири меҳнатӣ дар баробари шаҳрванди давлати қабулкунанда ҳуқуқи асосӣ ба таҳсилотро дорад. Қабули онҳо ба муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ ва ё мактабҳо  наметавонад ба далели надоштани мақоми доимӣ маҳдуд ва ё рад карда шавад”. 
   Мутаассифона, дар амалия  аъзои оилаи муҳоҷирон чӣ гурезаҳо ва чӣ муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми будубош дар давлатҳои қабулкунандаи онҳо ба мушкилоти дастрасӣ ба хадамоти иҷтимоӣ: таҳсил, табобат ва шуғл дучор мегарданд. Аксари давлатҳо ҳангоми танзими ҳуқуқии масъалаҳои муҳоҷират бо қонунгузории миллӣ талаботи санадҳои байналмилалиро доир ба мақоми ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирон бахусус кудакону ноболиғон  ба инобат намегиранд.
   Ҳамчунин, дар созишномаҳои байнидавлатӣ, хусусан созишномаҳои байниҳукуматии Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои ИДМ, масалан, дар созишномаҳо бо Ҷумҳурии Қирғизистон[3], Ҷумҳурии Ӯзбекистон [4] ва бо Ҷумҳурии Тоҷикистон[5] дар бораи вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ чунин меъёрҳо вуҷуд надоранд.
  Мавҷуд будани ин холигӣ дар созишномаҳои зикршуда ҳангоми  қайдгирӣ  ва будубоши аъзои оилаи муҳоҷири меҳнатӣ, бахусус ноболиғон аз кишварҳои ИДМ дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба бисёре аз мушкилотҳо оварда расонидааст. Масалан, фарзандон ва зану шавҳари муҳоҷири меҳнатӣ, ки кор намекунанд  асосҳои қонунии будубошро дар қаламрави Федератсияи Россия ба муддати зиёда аз 90 рӯз надоранд. Дар амал, муҳоҷирони меҳнатӣ маҷбуранд, ки барои бубудоши аъзои оилаи худ  зиёда аз 90 рӯз ва бо мақсади пешгирии қонунвайронкунӣ барои ҳамсарони худ патенти корӣ  ба расмият дароранд ва ҳар моҳ барои фаъолиятҳои дар воқеъ набуда,андоз супоранд. Барои муҳоҷир, ин хароҷоти молиявии ғайричашмдошт хеле назаррас мебошанд.
   Ин омил боиси таъмин нашудани ҳуқуқҳои кудакони муҳоҷирони меҳнатӣ ба таҳсил гаштааст. Зеро ҳангоми қабули кӯдакони мухоҷирони меҳнатӣ ба муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳо дар Федератсияи Россия, муҳоҷирони меҳнатӣ, массисаҳои томактабӣ ва таълимӣ бақайдгирии кудакони муҳоҷиронро дар тамоми давраи соли таҳсил талаб мекунанд, дар ҳоле, ки тибқи меъёрҳои қонунгузории Федератсяи Россия  бақайдгирии фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамагӣ то 90 рӯз пешбинӣ шудааст.
   Бинобар ин зарур аст, ки ҳангоми танзими ҳуқуқии масъалаҳои муҳоҷират давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирон муқаррароти санадҳои байналмилалиро доир ба ҳуқуқҳои аъзои оилаи муҳоҷирон, бахусус кудакону ноболиғон риоя намуда, дар қонунгузории миллӣ механизмҳои таъмини ин ҳуқуқҳоро муайян созанд. Ҳамингуна, бояд дар созишномаҳои байнидавлатию байниҳукуматӣ дар самти муҳоҷират муқаррарори моддаи 30 Конвенсияи байналмилалии СММ аз 18 декабри соли 1990 «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо» ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ  ба таҳсил ворид карда шавад [6].
 
Адабиёти истифодашуда:
1. Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 [Маводи электронӣ]. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Манбаъи дастрасӣ: http://www.mmk.tj
2. UNICEF, 2018b. [Маводи электронӣ]. Манбаъи дастрасӣ: // https://www.unicef.org/reports/annual-report-2018.
3. Созишнома байни Ҳукумати Федератсяи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қиргизстон дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии мухоҷирони меҳнатӣ аз  28 марти соли 1996. [Маводи электронӣ]. Манбаъи дастрасӣ: http://base.spinform.ru/show_doc.fwx?rgn=4880.
4. Созишнома байни Ҳукумати Федератсяи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Узбекистон барои  барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия аз 5 апрели соли 2017. [Маводи электронӣ]. Манбаъи дастрасӣ: https://ria.ru/20170620/1496888794.html.
5. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъоияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004. // Маҳзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адлия». Шакли 7.0 / Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.  Душанбе, 2020. –1 электрон. опт. диск (CD - ROM).
6. Маҳмадуллозода Н.Р. Ташаккули ҳуқуқи муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ. Монография.- Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2022.-С. 195-196.
 
 
Бобокалонов Ғ.М.,
сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Тел.: (+992) 907948773. E-mail: bgoib@mail.ru
Маҳмадуллозода Н.М.,
муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.
 
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад