ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

АҲАМИЯТИ ИҶТИМОӢ ВА ҲУҚУҚИИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ АВФ”

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 18/06/2026 - 15:48
     Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 маротиба санадҳои авф қабул ва амалӣ гардидаанд. Қонуни навбатии авф, ки ҳамчун 18-умин санади башардӯстона қабул гардид, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи принсипи инсондӯстӣ ва таҳкими арзишҳои инсонпарварона равона гардидааст.
     Қонуни мазкур бо мақсади ба ҳаёти осоишта баргардонидани гурӯҳи шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, таҳия гардида, дар он меъёрҳои ба танзимдароварандаи масъалаҳои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани шахсони ҷиноятсодирнамуда ва кам кардани муҳлати ҷазои адонагардидаи маҳкумшудагон пешбинӣ шудааст, ки талаботи он нисбати зиёда аз 18 038 нафар шахсони ҷиноятсодиркарда татбиқ карда мешавад.
    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 22 модда иборат буда, муқаррароти моддаҳои аз 1 то 5-и он ба танзими ҳуқуқии масъалаҳои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани гумонбаршавандагон, айбдоршавандагон, судшавандагон ва аз муҳлати боқимондаи адои ҷазо озод намудани маҳкумшудагон бахшида шудааст.
     Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи занон ва ҳимояи манфиатҳои ноболиғон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, барои таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии онҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.
     Аз ин лиҳоз, нисбати занон ва ноболиғон дар моддаҳои 1, 5 ва 8 Қонуни мазкур бартариҳо пешбинӣ шудааст.
     Ҳамчунин, шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум гардидаанд, ба истиснои шахсоне, ки ҷиноятҳои дар моддаҳои 7 ва 8 Қонуни мазкур пешбинишударо содир намудаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва аз адои боқимондаи ҷазо озод карда мешаванд.
    Дар баробари ин, меъёрҳои Қонуни қабулгардида маҳдудиятҳои татбиқи авфро низ пешбинӣ намудааст, ки онҳо асосан нисбат ба шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва ё махсусан вазнин маҳкум шудаанд, дахл дорад. Мутобиқи он шахсони авфшуда аз ҷазои иловагӣ ва барқарор намудани товони зарари моддии бо кирдори ҷиноятӣ расонидашуда озод карда намешаванд.
    Ҳамзамон, баъди татбиқи Қонуни мазкур иҷроварақа нисбати шахсони авфшуда оиди рӯёниши товони зарари моддии бо кирдори ҷиноятӣ расонидашуда, барои иҷро ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад. 
     Қонуни мазкур, мутобиқи талаботи муқарраргардида ваколатҳои мақомоти давлатиро вобаста ба тартиби татбиқи санади авф ва муҳлати амалисозии он, ки ду моҳ муқаррар шудааст, муайян менамояд.
     Дар ин хусус, мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати ба ҷойи кор таъмин намудани шахсони аз адои ҷазо озодшуда, таҳти назорат қарор додани ноболиғон ва ба таҳсил фаро гирифтани онҳо, ҳамчунин бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ягонаи шахсони аз адои ҷазо озодшуда, вазифадор карда шудаанд.
     Маврид ба зикр аст, ки Қонуни авф яке аз санадҳои муҳими ҳуқуқӣ ва башардӯстона ба ҳисоб рафта, ба татбиқи принсипҳои инсондӯстӣ, адолати иҷтимоӣ ва таҳкими арзишҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд. Амалисозии ин қонун имконият фароҳам меорад, ки нисбат ба гурӯҳҳои муайяни маҳкумшудагон сабукиҳои ҳуқуқӣ татбиқ гардида, барои бозгашти онҳо ба ҳаёти муқаррарии ҷомеа шароити мусоид муҳайё карда шавад.
     Ҳамзамон, қабули қонунҳои авф ба таҳкими сиёсати инсонпарваронаи давлат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба низоми ҳуқуқӣ мусоидат мекунад. Таҷрибаи татбиқи санадҳои авф дар даврони соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки чунин иқдомҳо ҳамчун воситаи муҳими татбиқи принсипҳои инсондӯстӣ ва эҳтиром ба қадру манзалати инсон аҳаммияти калон доранд.
     Аз ин рӯ, Қонуни авф на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки таҷассумгари сиёсати башардӯстона ва иҷтимоии давлат буда, ба таҳкими суботи ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва фароҳам овардани имконияти ислоҳу бозҳамгироии иҷтимоии шахсони авфшаванда мусоидат менамояд.
 
Ҷамшедзода Комрони Ҷамшед
муовини якуми директори
Маркази миллии қонунгузории
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)