ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1822 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ» Маҷлиси Олии ҶТ 23.12.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1830 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҶАВОНОН ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН Маҷлиси Олии ҶТ 23.12.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1804 ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2022 Маҷлиси Олии ҶТ 02.12.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН, СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Ҷум, 23/06/2023 - 16:50
Таърих ин китоби нодирест, ки лаҳзаву соату замонҳоро бо гузашти рӯзҳову ҳаводиси воқеъӣ сабт менамояд ва дар саҳифаҳои он чи хотироте аз воқеъот, дастовардҳо, бозёфтҳову шикасту бастҳо дарҷ мегарданд, ки ин ҳама, албатта тавассути заҳмати ақлонӣ ва нерӯи созандаи инсонҳо сурат мепазирад. Аммо вақт, ки вобаставу таърихсоз аст, ин ҳама ҳаводису дастовардҳоро дар сурате инъикос менамояд, ки бар ҳакиқати ҳол ҷавобгӯ бошанд ва шаҳодати ҳақиқат доштани онҳо аён бошад. Бахусус, дар сурати инъикоси чеҳраҳо, шахсиятҳо ва рӯйдодҳои таърихӣ. Аз ин ҷост, ки “таърих воқеъбин ва ҳақиқатнигор аст”, гуфтаанд ва ба таъбири дигар “таърих оинаест, ки ҷавҳари онро ҳеҷ зангеву санге ва ё сели замон намезудояд...”.
Хусусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати ташаббускори асосии ба амал баровардани консепсияи оштии миллӣ дар Тоҷикистон баромад кардаанд. Чунки Ӯ медонист, ки бе таъмини сулҳу салоҳ дар кишвар бунёд намудани дигар созандагиҳо ғайриимкон буд. Бинобар ин, Сарвари давлат тамоми ҳастии худро барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон бахшиданд.
Бесабаб нест, ки бисёре аз мутахассисони дараҷаи байналмилалӣ консепсияи ризоияти миллӣ ва оштии халқи Тоҷикистонро яке аз дастовардҳои нодире ҳисобиданд, ки таҷрибаи онро дар ҳалли муқовиматҳои сиёсӣ дар дигар давлатҳо истифода кардан мумкин аст.
Баъд аз муқовиматҳои зиёди мусалаҳона ва ҷанги бародаркуш, фалаҷ гардидани сохти конститутсионӣ, мақомоти давлатӣ ва умуман ҷомеаи шаҳрвандӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он дар таърихи навини тоҷикон саҳифаи наверо кушод. Маҳз дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб шуд.
Пешвои миллат аз ҳамон соати ба сари қудрат омаданашон тамоми азму иродаи худро ба умдатарин масъалаҳои ҳастии халқу мамлакат - таъмини сулҳу субот, муттаҳид сохтани мардуми Тоҷикистон, истеҳкоми ваҳдати миллӣ бахшиданд ва фаъолияти сиёсии он кас ҳамчун Сарвари давлат бо ормонҳои чандинасраи миллат ва рисолати ҷамъиятию азалии халқи тоҷик мувофиқ омад. Халқи Тоҷикистон дар симои роҳбари худ шахсиятеро дарёфтанд, ки мақсади он кас сулҳу салоҳ, якпорчагии Тоҷикистон ва ободию осудагии халқ буд, ҳаст ва хоҳад монд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баъд аз интихоб шуданашон ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, савганд ёд карда, иброз доштанд, ки ман ба мамлакат сулҳ меорам, халқи Тоҷикистонро аз фоҷиаи ҷангу хунрезӣ наҷот медиҳам, ваҳдати мардумони гуногунмиллати кишварамонро таъмин менамоям.
Пешвои миллат ба қавл устувор будани худро дар амал исбот намуданд. Бо мақсади муътадил намудани вазъияти сиёсии Тоҷикистон ва барқарор намудани сулҳу амният аз минбари Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони гурӯҳҳои силоҳбадаст муроҷиат намуда, самимона иброз доштанд: «Бародарони гиромӣ! Ҳоло тақдири Ватани азизамон - Тоҷикистон, ки ҳамчун як давлати тозаистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократӣ бояд арзи ҳастӣ бикунад, дар асоси торафт шиддат гирифтани вазъи сиёсию ҷамъиятӣ, буҳрони амиқи сиёсӣ - иҷтимоӣ сахт дар хатар аст. Чанд рӯз аст, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд намояндагони мардум дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба хотири наҷоти Тоҷикистон, ба хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш ба оҳанги сулҳу ризоият ва ҳамдигарфаҳмӣ муваффақ мешаванд. Бо ҳамин мақсад ва ба хотири воҳидияту ваҳдати тамоми халқҳои сокини ҷумҳурӣ Шуморо 25-уми ноябри соли 1992, соати 14 барои иштирок дар кори Иҷлосияи Шурои Олӣ даъват менамоем. Ҳукумати Тоҷикистон бехатарӣ ва амнияти Шуморо таъмин менамояд».
Имрӯзи Тоҷикистон, яъне сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ки натиҷаи талошҳои ҷиддӣ ва ҳаматарафаи Пешвои миллатамон мебошад, имконият медиҳад, ки ба гузашта баҳо дода, роҳҳо ва сабақҳои сулҳи Тоҷикистонро ҳамчун намунаи раванди сиёсӣ нишон диҳем, омӯзем ва таҷриба гирем.
Раванди сулҳи Тоҷикистон саҳми босазоеро барои таҳкими сулҳ дар кишвар ва барои барқарор намудани сулҳ дар миқёси ҷаҳонӣ гузошт. Танҳо аз соли 1993, баъди он, ки амалиётҳои ҷангӣ коста мегардид, зарурати муросои миллӣ пеш омад.
Аз 5 то 19 апрели соли 1994 дар шаҳри Москва даври аввали гуфтушуниди байни тоҷикон баргузор гардид. Масъалаҳои асосии музокирот оид ба оташбас, гурезаҳо, муҳоҷирон ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ буданд.
Аз 18 то 28 июни соли 1994 дар шаҳри Теҳрон даври дуюми гуфтушунид ба амал омад. Масъалаҳои асосии музокирот оташбаси муваққатӣ ба ҳисоб мерафт.
Аз 20 октябр то 1 декабри соли соли 1994 даври сеюми музокирот дар шаҳри Исломобод, масъаларо дар бораи таъсиси комиссияи муштарак оид ба татбиқи созишномаи оташбас муҳокима намуд.
Даври чоруми музокирот аз 22 май то 2 июни соли 1995 дар шаҳри Алмаато баргузор гардид, ки масъалаҳои дар рӯзномаи гуфтушуниди байни тоҷикон дар шаҳри Москав ба мувофиқа омадаро муҳокима намуд.
Даври панҷуми музокирот аз 30 ноябр то 23 декабри 1995 дар шаҳри Ашқобод баргузор гардид, ки дар он мақсади ба эътидол овардани вазъи кишвар, пешгирии қурбонӣ ва азияти одамон, пешгирии вайроншавии инфроструктура ва нобуд гардидани арзишҳои моддӣ, ҳамчунин барои бо муваффақият анҷом додани гуфтушунидҳо ва дастрасӣ ба сулҳу оштии миллӣ дар Тоҷикистонро дошт.
Асосан гуфтушуниди Ашқобод аз се давра иборат аст. Марҳилаи аввали он аз 30 ноябр то 22 декабри соли 1995 ва марҳилаи дуюм аз 26 январ то 19 феврал ва марҳилаи сеюм аз 8 то 21 июли соли 1996 идома ёфтааст.
Санаи 9 марти соли 1996 қариб 30 ташкилотҳои ҷамъиятии сиёсӣ Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистонро имзо намуданд. Мақсади асосии он ҳарчӣ зудтар ноил гардидан ба сулҳи байни тоҷикон ба ҳисоб мерафт.
Даври шашуми музокирот аз 4 то 19 январи соли 1997 дар шаҳри Теҳрон; даври ҳафтум аз 26 феврал то 8 марти соли 1997 дар шаҳри Москва; даври ҳаштум 8-18 апрел, 21-29 майи соли 1997 дар шаҳри Теҳрон ба амал омаданд.
Санаи 24-27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва даври хотимавии музокирот байни тоҷикон барпо гардид, ки дар он Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расонида шуд.
Аҳамияти ҳуҷҷатҳои дар Москва имзо­шуда дар он буд, ки онҳо на танҳо ҳолати оташбасро дар тамоми давраи гузаронидани гуфтушунидҳои байни тоҷикон дароз намуданд, балки бори аввал муҳлат ва мазмуни давраи гузаришро аз ҷанг ба сулҳ ва механизми дастовардаҳои ризоияти миллиро дар Тоҷикистон муайян кардаанд.
Дар созишномаи қабулшуда аз 13 декабри соли 1996 оид ба натиҷаи вохӯрӣ дар шаҳри Москва тарафҳо оид ба зарурати ба амал баровардани авфи умумӣ ва якдигарбахшӣ нисбат ба шахсоне, ки дар муқовиматҳои ҳарбӣ-сиёсӣ иштирок намуданд, аз соли 1992 то лаҳзаи қаблуи санади авф ибрози ақида намуданд; инчунин дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин оид ба иваз намудани асирони ҳарбӣ ва маҳкумшудагон ба мувофиқа омаданд. Роҳбарони намояндагиҳо қарор карданд, ки аз лаҳзаи ба имзо расидани Созишнома оид ба қатъи оташбас ва дигар амалҳои душманона дар тамоми давраҳои байни гуфтушуниди тоҷикон эълон карда шавад.
Дар протокол дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ қайд карда шудааст: тарафҳо ба хулоса омаданд, ки дар давраи гузариш Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шавад. Вазифаи асосии Комиссия аз ноил гардидан ба оштии миллӣ бо роҳи амалӣ намудани натиҷаҳои гуфтушунидҳо, ки дар рафти гуфтушуниди байни тоҷикон мувофиқа шуда буд, фароҳамовардани муҳити боварӣ ва ҳамдигарбахшӣ, таъмини музокироти нерӯҳои мухталифи сиёсии кишвар барои истиқрор ва таҳкими ризоияти шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, иборат буд.
Муайян карда шуда буд, ки қарорҳои қабулнамудаи Президент ва КОМ оид ба масъалаҳои оштии миллӣ барои иҷро аз ҷониби мақомоти ҳокимият ҳатмист. Фаъолияти КОМ дар алоқамандии қавӣ бо намояндагии нозирони СММ ва намояндагии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон сурат мегирад. Баъди даъвати парлумони нав ва ташаккули мақомоти роҳбарии он фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ қатъ мегардад.
Ба Комиссияи оштии миллӣ бо протоколи дар вохӯрии Москва қабулшуда ҳамчунин вазифаҳои масъулиятнок, ба монанди ҳамроҳи мақомоти дигари бо ин мақсад таъсисёфта муқаррар намудани усули назорат ва ҳамчунон тадбиқи назорати он ки тарафҳо Созишномаҳоро оид ба истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ чи гуна иҷро мекунанд; андешидани чораҳое, ки бе хавфу хатар ва сарбаландона баргаштани гурезаҳоро таъмин, ба ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат фаъолона пайвастанашон бо мақсади барқарор кардани манзилҳо, объектҳои саноатӣ ва зироатии дар асари ҷанг харобшуда ёрӣ расонданро таъмин менамоянд; пешниҳоди таклифҳо дар масъалаи тағййир додани қонунҳо оид ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсӣ ва воситаҳои ахбори омма гузошта шуда буд.
Президент ва Комисиияи оштии миллӣ дар давраи гузариш бояд ваколатҳо ва вазифаҳои зеринро татбиқ менамуданд: бо раъйдиҳии умумӣ пешниҳод намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи амалкунанда; омода сохтан ва ба тасдиқи парлумон пешниҳод намудани қонуни нав дар бораи интихоби парлумон ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, агар зарурат ба миён ояд, қабул намудани он ба воситаи раъйдиҳии умумхалқӣ; дар давраи гузариш таъсис додани Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ; ислоҳоти ҳукумат – ба сохторҳои ҳокимияти иҷро­ия, ба шумули вазоратҳо, идораҳо, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ бо дарназардошти ба инобат гирифтани мувозинати минтақавӣ ба миқдори баробари намояндаи тарафҳо дар Комиссияи оштии миллӣ ворид намудани намояндагони мухолифин; роҳбарӣ ва назорат ба барҳамдодан, халъи силоҳ кардан ва ҳамгироии дастаҳои мусаллаҳи мухолифин, амалӣ сохтани тадбирҳои ислоҳотӣ мақомоти қудратдор ва прокуратура ва ғайраҳо.
Дар раванди гуфтушунидҳо байни ҳайати намояндагии ҳукумат ва мухолифин 12 апрели соли 1997 рӯзномаи муфассали гуфтушуниди байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ, ки аз ҷониби ҳайати ҳукуматӣ ва мухолифини тоҷик пешниҳод шуда буд, коркард ва тасдиқ карда шуд.
Рӯзномаи музокироти мазкур дар ҳамаи давраи раванди гуфтушунидҳо се мушкилоти асосиро дарбар гирифта буд, ки минбаъд бо ноил гардидани оштии миллӣ замина гузошт. Ба ин масъалаҳо дохил буданд: чораҳое, ки ба ҳалли сиёсии вазъияти Тоҷикистон равона карда шудаанд; ҳалли масъалаҳои марбут ба гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ; масоили аслии сохтори конститутсионӣ ва муттаҳидии давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Гурӯҳи якуми масъалаҳо анҷом додани амалҳои зеринро пешбинӣ мекард: чораҳо барои ноил шудан ба оташбас, қатъи амалиёти иғвогарона дар навоҳии сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ва пешгирии фаъолияти иғвоангез дар ноҳияҳои ҷудогонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар дохили кишвар манъ кардани амалиёти ҳуҷумоварии нерӯҳои мусаллаҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастаҳои мусаллаҳи мухолифин. Ба ин чораҳо инчунин масъалаҳои роҷеъ ба силоҳи дар дасти аҳолӣ буда, пурзӯр намудани назорат аз болои фаъолияти қувваҳои мусаллаҳи ҳукуматӣ ва қувваҳои амниятӣ аз ҷониби мақомоти намояндагии ҳокимият шомил буданд. Дар муҳокима инчунин дигар масъалаҳо, ба монанди нақши қувваҳои сулҳҷӯёнаи коллективӣ дар Тоҷикистон барои амалӣ намудани чораҳои зикргардидаи хусусияти сиёсӣ-ҳарбӣ дошта, нақшии эҳтимолии СММ дар амалӣ намудани назорат оид ба иҷрои чораҳои зикргардида мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар баробари масъалаҳои зикргардида, инчунин муайян кардани асоси боварӣ дар соҳаи сиёсат, дар хусуси парвандаҳои ҷиноятӣ, ки дар иртибот дар муқовимати сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардидаанд, қонунигардонии ҳизбҳо ва ҳаракатҳои манъшуда, қатъ намудани иқдоми тахрибкориву террористӣ, ҷалб намудани васоити ахбори омма дар раванди оштии миллӣ пешбинӣ карда шуданд.
Дар қисми дуюми мушкилот «Ҳалли масъалаҳои марбут ба гурезаҳо ва муҳоҷирони маҷбурӣ» муайян намудани миқдори гурезаҳо ва муҳоҷирони маҷбурӣ, шахсоне, ки бо мулоҳизаҳои иқтисодӣ ҳиҷрат намудаанд, кафолатҳои амниятӣ ба гурезагон ва муҳоҷирони маҷбурӣ ҳангоми баргаштан ба Тоҷикистон пешбинӣ шуда буд. Ғайр аз ин, «нақши эҳтимолии қувваҳои коллективии сулҳхоҳ дар Тоҷикистон, Идораи Комиссари олии СММ оид гурезаҳо, дигар фишангҳои назоратии байналмилалӣ дар иҷрои ин амр» муайян шуда буданд.
Дар қисми сеюми мушкилот «Масоили аслии сохтори конститутсионӣ ва муттаҳидии давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба пешниҳод дар бораи Конститутсияи нав ва роҳҳои ҷалби ҳамаи табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон ба раванди конститутсионӣ, дар бораи қонуни нави интихоботӣ ва иштироки тамоми табақаҳои аҳолии ҷумҳурӣ, ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар раванди қонунгузорӣ, дар бораи ташкил ва гузаронидани интихоботи озоду демократӣ дар Тоҷикистон, пешниҳод дар бораи давраи гузариш ва масъалаҳои марбут ба он, нақши эҳтимолии СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар татбиқи баъзе аз масоили фавқуззикр муайян шуда буд.
Дигар ҳуҷҷати муҳими давраи якуми гуфтушуниди байни тоҷикон, ин протокол дар хусуси ташкили Комиссияи муштарак оид ба масъалаи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбории Тоҷикистон мебошад. Тарафҳо созишномаро аз 19 апрели соли 1994 оид ба таъсиси Комиссияи муштарак оид ба масъалаҳои гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбории Тоҷикистон (минбаъд «Комиссияи муштарак») мустаҳкам намуданд, ки ба он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як тараф ва аз тарафи дигар намояндагони мухолифин дохил шаванд. Комиссияи муштарак минбаъ дар ҷаҳорчӯбаи раванди гуфтушунид кор карда, фаъолияти худро бо Идораи Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо, хадамоти муҳоҷирон ва мақомотҳои марбути давлатҳое, ки дар онҳо гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбории Тоҷикистон мавҷуд буданд, бояд ба роҳ мемонданд. Ҳамчунин, дар протокол қайд карда шуда буд, ки ҳангоми зарурат Комиссияи муштарак фаъолияти гурӯҳҳои кориро бо ҷалби мутахассисон ба роҳ монад.
Созишномаи умумӣ ҳуҷҷатҳои зеринро низ дарбар мегирифт: – Протокол дар бораи принсипҳои асосии барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 17 августи соли 1995; - Протокол оид ба масъалаҳои сиёсӣ аз 19 майи соли 1997, Созишномаи ба он дахлдоштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ва Роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик С.А. Нурӣ зимни вохӯри­ашон дар Москва аз 23 декабри соли 1996; - Протокол «Дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ» аз 23 декабри соли 1996; - Низомномаи Комиссияи оштии миллӣ аз 21 феврали соли 1997; - Протоколи иловагӣ ба Протокол «Дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ» аз 21 феврали соли 1997; - Протокол оид ба масъалаҳои ҳарбӣ аз 8 марти соли 1997; - Протокол оид ба масъалаҳои гурезаҳо аз 13 январи соли 1997; - Протокол дар бораи кафолатҳои амалигардонии Созишномаи умумӣ аз 28 майи соли 1997.
Созишномаи умумӣ исбот намуд, ки халқи тоҷик миллати ботамаддун мебошад ва мамлакате, ки рӯзҳои даҳшатнок ва вазнинро аз сар гузаронида, сулҳро мехост ва хоҳони он буд, ки дар тамоми дунё масъалаҳои хонумонсӯз бо роҳи сулҳу салоҳ ҳалли худро ёбанд. Бо ба имзо расидан ва амалӣ гардидани санади сулҳ давлат ва миллати тоҷик аз фаноёбӣ раҳо ёфт.
Комиссияи оштии миллӣ, ин комиссияи созишиест, ки аз шумораи намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик таъсис дода шуда буд. Комиссия аз 15 сентябри соли 1997 то 1 апрели соли 2000 амал намуд. Баъди ба анҷом расидани раванди гуфтушуниди байни тоҷикон солҳои 1994-1997 дар ҷомеа оҳиста-оҳиста ҳиссиёти нобоварӣ ва душманӣ аз байн рафта, манфиатҳои миллӣ нисбат ба манфиатҳои сиёсӣ, динӣ, маҳаллӣ, гурӯҳӣ боло гузошта шуда, ба таҳкими худшиносӣ ва ягонагии миллӣ мусоидат намуд. Нақши асосиро дар марҳилаи хотимавии раванди сулҳ дар Тоҷикистон Комиссияи оштии миллӣ иҷро намуд.
Комиссияи оштии миллӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ»-ро таҳия намуд, ки он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид ва он 14 майи соли 1999 қабул карда шуд. Тибқи он ҳамаи тарафдорони мухолифини тоҷик, ки ба қайдгирифта шуда буданд ва амали онҳо таҳти тафтишот қарор доштанд, авф карда шуданд.
Ҳамаи сохторҳои мусаллаҳонаи мухолифини тоҷик 23 декабри соли 1998 аз Афғони­стон ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.
Роҳбарияти мухолифини тоҷик 3 августи соли 1999 дар бораи пароканда намудани сохторҳои мусаллаҳонаи худ эълон дошт.
Охири соли 1998 ҳамаи гурезаҳои тоҷик аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ватан баргардонида шуданд.
Комиссияи оштии миллӣ (аз 26 аъзо, ки 13-нафарӣ аз намояндагони ҳукумат ва мухолифини тоҷик буданд) дар давраи гузариш маҳаки асосии иҷрои санадҳои «Созишномаи умумӣ» ба ҳисоб мерафт.
Дар назди Комиссияи оштӣ 4 зеркомиссия фаъолият менамуд, ки онҳо маҳз ба иҷрои санадаҳои Созишномаи сулҳ машғул буданд:
– зеркомиссия оид ба масъалаҳои сиёсӣ;
– зеркомиссия оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ;
– зеркомиссия оид ба масъалаҳои ҳарбӣ;
– зеркомиссия оид ба масъалаҳои гурезаҳо.
Комиссияи оштии миллӣ баъд аз интихоб ва даъвати парлумони нави Тоҷикистон 1 апрели соли 2000 фаъолияти худро қатъ намуд.
Баъд аз қатъ гаридани фаъолияти КОМ бо пешниҳоди мухолифини тоҷик 33 намояндагони он ба мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия таъин карда шуданд, ки онҳо дар иҷлосияҳои Маҷлиси Олӣ тасдиқи худро ёфтанд.
Дар як вақт мутобиқи квотаи 30-фоиза намояндагони мухолифини тоҷик ба мансабҳои гуногуни роҳбарикунандаи ҳокимияти маҳаллӣ таъин карда шуданд.
Пешниҳоди Комиссияи оштии миллӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» 13 ноябри соли 1998 аз ҷониби Маҷлиси Олӣ қабул карда шуд.
Тарафҳо ба мувофиқа омада буданд, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шавад, ки ин мувофиқа 30 июни соли 1999 дар иҷлосияи махсуси Маҷлиси Олӣ баррасӣ гардида, санаи 26 сентябри соли 1999 рӯзи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ муайян карда шуд, ки дар натиҷа халқи Тоҷикистон бо дастгирии зиёда аз 70 фоиз онро қабул намуд.
Дар ҷаласаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июни соли 1999 номзадии 4 намояндаи мухолифини тоҷик тибқи квотаи 25-фоиза ба ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тасдиқ карда шуданд.
Санаи 12 августи соли 1999 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бекор кардани қарор «Дар бораи манъи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои мухолифини тоҷик ва васоити ахбори оммаи онҳо» қабул карда шуд. Ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳо расман ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Тибқи тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1999 интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 феврали соли 2000 интихоботи Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 23 марти соли 2000 интихоботи Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд. Аввалин маротиба интихоботи палатаи поёнии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси бисёрҳизбӣ баргузор гардид.
Ба шарофати саъю кӯшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт. Он баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои халқу миллат, ҷомеа ва давлатдории тоҷикон заминаҳои ҳуқуқиву сиёсӣ ба вуҷуд овард. Ғояи ваҳдати миллӣ, ки решааш сулҳу осудагӣ мебошад, назар ба иқтисодиёт ва сатҳи моддии рӯзгори мардум пеш рафт ва халқро бештар фаро гирифт. Фурӯ нишонидани ҷанги дохилӣ ва ҳифзи якпорчагии мамлакат қадами ҷиддие ба сӯи ваҳдати миллӣ буд. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ изҳор доштанд: «Имрӯз дар арафаи яксолагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ман ба халқи худам гуфта метавонам, ки ҳарчанд зисту зиндагонии мардум беҳбудӣ наёфта бошад, ҳарчанд мушкилоти азими иқтисодӣ пешорӯи мо бошад, вале дар бобати хотима бахшидан ба ҷангҳои бародаркушӣ, нигоҳ доштани якпорчагии Ватани азиз ва таъмини сулҳу осоиш барои шаҳрвандон, мо вазифаи аввалиндараҷаи худро иҷро кардем».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 декабри соли 1999 фармон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ» ба тасвиб расониданд, ки ба туфайли он дар кишварамон муҳити мусоиди бисёрҳизбӣ ва гуногунандешии сиёсӣ фароҳам омад. Ин тадбир омили муҳиме гардид, ки ҳизбҳо ва ҳаракатҳои мухталиф муттаҳид гардида, фаъолияти худро ба ҳифзу таҳкими сулҳ, ризоияти миллӣ, рушди демократия, инкишофи иқтисодиёт ва дигаргунсозиҳо дар ҷомеаи тоҷикон амалӣ созанд. Намояндаҳои ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмону ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз ҳамкорииҳамкории муштараку судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати тақвияти ин робитаҳо саъю кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳафт ҳизби сиёсӣ озодона фаъолият мебаранд: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби давлат ва тараққиёт. Озодиҳои демократӣ пурра вуҷуд дошта, аҳзоби сиёсӣ дар интихобот пурра ширкат меварза­нд, ҳатто намояндагони онҳо дар парлумони мамлакат фаъолият доранд.
Аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро чун санади гаронбаҳои тақдирсоз хуш истиқбол карда, онро чун гавҳаракаи чашм ҳифз менамоянд. Ҳукумати кишвар 27-уми июнро иди ваҳдат - Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намудааст, ки он ҳар сол дар тамоми ҳудуди мамлакат ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мегардад.
Маҳз самараи Ваҳдати миллӣ ва тарғибҳои пайвастаи заминагузори ғояҳои ваҳтадгироии Пешвои миллат буд, ки Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои арзишманд ноил гардид.
Имрӯзҳо ҳар як сокини кишвари азизро таассуроти гуворо аз тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро гирифтааст.
Дар ин айёми омодагӣ ба таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва ҳатмӣ мебошад. Чунки имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ намуда, ин неъмати бебаҳо - иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Зеро, ғояҳои олии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи моро имрӯзҳо бештар фаро мегирад, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешавад. Бояд таъкид намуд, ки рисолати мазкур муваққатӣ набуда, балки доимӣ мебошад. Бо татбиқи ҳарчи бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида, боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа хоҳад гашт.
Халқи Тоҷикистон хизматҳои бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллатро дар роҳи бунёди сулҳи тоҷикон, суботу оромӣ дар ҷомеа, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, амалӣ намудани ислоҳотҳои бузурги иқтисодию сиёсӣ, аз ҷумла таъмини амниятиТочикистон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти озуқаворӣ, баровардани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати муосири демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандидошта муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар сатҳи қонуни конститутсионӣ қадр намуд.
Мутобиқи моддаи 2 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016, №1356 «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст, эътироф карда мешавад.
Боиси сарфарозист, ки тайи солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила роҳи рушдро тай мекунад ва сол то сол ба хазинаи кишвари азизи мо дастоварде зам шуда истодааст. Фароҳам омадани заминаҳои ҳуқуқиву сиёсӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва рукнҳои асосии давлатдорӣ, пуриқтидор гаштани Артиши миллӣ, таъмини амнияти комил, бунёди иншоот ва инфрасохтори таъиноташ гуногун, азнавсозӣ ва бунёди роҳҳо, ба миён омадани корхонаҳои хурду бузург, рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илму маориф, соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, варзишу саёҳӣ, қабул ва амалигардонии даҳҳо барномаҳои давлатӣ ва ҳазорҳо дастовардҳои дигар ҳамагӣ аз самари бобаракати Ваҳдати миллии тоҷикон гувоҳӣ медиҳанд. 
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар марҳилаи нави рушдёбӣ қарор дошта, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон пазируфта шуда, дорои овози ҳалкунандаи худ мебошад ва дар баррасии масъалаҳои глобалӣ фаъолона иштирок карда, ҳатто ташаббусҳои созандаву актуалии худро пешниҳод менамояд. Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об, ки ҳамагӣ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳон дастгирӣ ёфтаанд, шаҳодати ин гуфтаҳоянд. Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе бошад соли 2002 ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардида, тайи солҳои охир ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ табдил ёфта, шаҳру навоҳии дигари кишвар макони сайру сайёҳат ва истироҳати сайёҳони дохилу хориҷ гаштааст.
Хушбахтона, то имрӯз зиёда аз 193 кишвари ҷаҳон давлати Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст ва 160 давлати дунё муносибатҳои дипломатиро роҳандозӣ намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли 56 созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад. 
Тавсифи ҳамаҷонибаи Ваҳдати миллӣ ва ҳамаи дастовардҳое, ки аз баракати он насиби мардуми тоҷик шудаанд, кори саҳл набуда, балки ғайриимкон аст. Зеро тамоми пешравию тараққиёт ва дастовардҳои Тоҷикистони муосир ҳамагӣ бо Ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ доранд. 
Лозим ба таъкид аст, ки таҷрибаи ноил гаштан ба созишу якдилӣ ва Ваҳдати миллӣ ҳамчун мактаби бузург ва сабақи нотакрори таърихӣ, барои ба қадри неъматҳое, чун сулҳ, суботи ҷомеа, амният ва ваҳдати миллӣ расидан, шахсро тарбия менамояд.
Мо шаҳрвандони ин диёри биҳиштиро ифтихор мебояд, аз он, ки чунин Ватани зебо насибамон шудаву дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ризоияту Ваҳдати миллӣ умр ба сар мебарем. Аз мо фарзандони ин миллат ва шаҳрвандони ин давлат чизе талаб намегардад, ҷузъ ин ки ба қадри ҷоннисориҳои бузургону аҷдодони миллати хеш расида, даст ба дасти ҳам гирифта, мушти пурзӯре шавем, пароканда набошем ва ин миллату ин Ватанро, ки тоҷику Тоҷикистон ном доранд, ҳимоя карда, муттаҳиду дӯст, бародару баробар бошем ва Ваҳдати миллиамонро ҳифз намоем, чунки бақои миллат дар Ваҳдати миллист.  
 
Ваҳдати ҷовидонаи миллӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз! 
 
Эзоҳ: дар мақола маводҳо аз Китобҳо, Паёмҳо, Суханрониҳо ва Баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Олимони ватанӣ ва мутахассисони дараҷаи байналмилалӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.
 
Бобокалон Ғоиб Мерган,
сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
 
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4.2 (5 овоз)