ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
КОДЕКС 1852 КОДЕКСИ МАНЗИЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии ҶТ 18.03.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1866 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲАҲОИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.03.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1844 КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23.12.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

АСАРИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗӮИ ЭКОЛОГИЯ

-A A +A
Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович Санаи интишор: Сшб, 15/06/2021 - 17:31
   15 июни соли 2021 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология», ки ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, ҷамъбаст гардид.
   Ҷиҳати иштирок дар озмуни мазкур аз ҷониби 83 нафар аҳли зиё ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла 8-нафар докторони илм ва профессорон, 17-нафар номзадҳои илм, 16-нафар рӯзноманигорони касбӣ ва коршиносону мутахассисони масоили экологӣ асару мақолаҳо пешниҳод гардида буд.
   Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар озмуни мазкур ширкат доштанд, барои таҳияи китоби «Ҳуқуқи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовори ҷойи якум гардида, бо Диплом ва мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.
   Ҳуқуқи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳое бахшида шудааст, ки воқеан дар шароити кунунӣ мубрам ба шумор мераванд. Асари болозикр дар шакли фарох бо фарогирии масоили мубрами назарию амалии ҳифзи муҳити зист бахшида шудааст. Китоби мазкур аввалин маротиба дар чунин шакл бо забони давлатӣ ва ба таври пурра бо дарназардошти баҳсҳои илмӣ дар атрофи мавқеи он дар низоми соҳаҳои ҳуқуқ ва қонунгузорӣ пешниҳод гардидааст.
   Таҳлили масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар асари мазкур ба рушди маърифат ва тарбияи экологӣ ҳамчун воситаи иттилоотӣ барои баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ ва экологии аҳолӣ мусоидат намуда, ҷиҳати татбиқи сиёсати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи хуб маҳсуб меёбад.
   Дар маҷмӯъ, асари болозикр фарогири масъалаҳои мубрами ҳуқуқи экологӣ мебошад. Хусусияти асосии асари пешниҳодгардида дар он мебошад, ки дар мадди аввал низоми институтҳои асосии соҳаи ҳифзи муҳити зист бо равиши ҳуқуқӣ таҳлил гардида, масъалаҳои зерини экологӣ-ҳуқуқиро фарогир мебошад. Аз ҷумла, ҳуқуқи экологӣ ҳамчун соҳаи ҳуқуқ, сарчашмаҳои ҳуқуқи экологӣ, муносибатҳои ҳуқуқи экологӣ, вазъи ҳуқуқи экологии инсон, ҳуқуқи моликият ба сарватҳои табиӣ, ҳуқуқи истифодабарии табиат, асосҳои ҳуқуқии идоракунии давлатӣ дар соҳаи экологӣ, функсияи экологии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, танзими иқтисодӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи истифодаи табиат ва ҳифзи муҳити зист, арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, экспертизаи экологӣ, аудити экологӣ, мониторинги экологӣ, фаъолияти обуҳавошиносӣ, бамеъёрдарории экологӣ, иттилооти экологӣ, маърифати экологӣ, кадастри давлатии экологӣ, вазъияти фавқулоддаи экологӣ ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои вайрон кардани қонунгузории экологӣ.
   Асари мазкур ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ, иттилоотӣ ва ҳуқуқии аҳолӣ, таъмини хоҳишмандон бо маводи мукаммали экологиву ҳуқуқӣ мусоидат намуда, заминаи бунёдӣ баҳри такмили қонунгузорӣ, фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва масъалаҳои назариявиву амалии мавқеъ ва сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба шумор меравад.
Ҳамчунин, асари болозикр заминаи илмӣ-таълимӣ барои тарҳрезӣ намудани стратегияи рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист, маърифати экологӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ-экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.
   Асари мазкур барои ҳуқуқшиносон, экологҳо, иқтисодшиносон, кормандони амалия, шахсони ҳуқуқӣ, донишҷӯён, магистрҳо, унвонҷӯён, аспирантҳо, кормандони илм ва ҳамаи шахсоне, ки ба омӯзиши масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, ҳуқуқи экологӣ, махсусан қонунгузории экологӣ мароқ доранд, тавсия гардидааст.
  Бо ин назардошт, роҳбарият ва кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣро барои сарфароз гардидан ба ҷойи якум дар озмуни ҷумҳуриявӣ табрик гуфта, барояшон муваффақияту комёбӣ ва тамманиёти беназирро орзу менамоянд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)