ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

АЗ СУЛҲИ МИЛЛӢ ТО СУБОТИ ҶАҲОНӢ: НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪЛОНИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 01/07/2026 - 15:23
     Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда».
 
     Тоҷикистон яке аз он кишварҳоест, ки қимати сулҳу суботро бо озмоишҳои сахти таърихӣ ва ранҷу машаққати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дарк кардааст. Мактаби сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни 1997) замина гузошт, ки кишвар аз вартаи нобудӣ наҷот ёбад.
     Сулҳу амният, ки гаронарзиштарин сармояи инсоният ва кафили зиндагии арзанда барои мардум мебошанд, тавассути талошҳо ва заҳматҳои муттаҳидкунандаи шахсиятҳои барҷаста ба даст меоянд. Ваҳдат, осоиштагӣ ва сулҳи сартосарии Тоҷикистон ки бо тай намудани душвориҳои зиёд ва истифодаи талошҳои фаровон ба даст оварда шуданд ба фаъолияти сиёсӣ ва халқпарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманданд.
     Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне ба саҳнаи сиёсат ворид шуданд, ки миллати тоҷик дар вартаи парокандашавӣ қарор дошт ва Тоҷикистон ба сарҳади нестӣ наздик шуда буд. Иродаи қавӣ, талошҳои пайваста ва ҷонбозиҳои ӯ сабаби он гардиданд, ки дар муҳлати кӯтоҳ сулҳу амният барқарор шуда, садҳо ҳазор гурезагони иҷборӣ ба Ватан баргарданд.
     Сарвари тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин роҳбароне буданд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба муборизаи дастҷамъона бар зидди хатарҳои таҳдидкунандаи сулҳу амният даъват карданд. Таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон ва фарҳанги ваҳдатофаринии Пешвои миллат ҳамчун дастовардҳои арзандаи ҷаҳонӣ дар барқарорсозии сулҳ ва ваҳдат арзёбӣ мешаванд. Президенти Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ хуб дарк карданд, ки ба даст овардани ваҳдати миллӣ танҳо тавассути муколама ва гуфтушунид имконпазир аст.
     Барқарорсозии сулҳу амният дар Тоҷикистон натиҷаи заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва ин дастоварди муҳим на танҳо барои тоҷикон, балки барои тамоми минтақа ва ҷаҳон мебошад. Амният ва оромиши Тоҷикистон бо назардошти мавқеъ ва имкониятҳои ҷуғрофиаш барои устувории минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аҳамияти фарогир дорад.
     Кофи Аннан, собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, гуфтааст: «Тоҷикистон ба бисёр мамлакатҳои олам намунаи нодиреро нишон дод, ки низоҳҳои дохилиро ба таври осоишта ҳал кардааст; ин саҳми Тоҷикистон дар таърихи сулҳоварӣ аст». Имрӯз механизмҳои сулҳофарии тоҷикон дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамчун намуна барои хомӯш намудани даргириҳои гуногун истифода мешаванд. Дастёбӣ ба сулҳ тавассути роҳҳои дипломатӣ, гуфтушунид ва муколама ҷомеаи ҷаҳониро водор сохт, ки маънои густардаи сулҳ ва роҳҳои ба даст овардани онро бознигарӣ кунад.
     Фазои сулҳу ваҳдати саросарӣ дар Тоҷикистон имконият фароҳам овардааст, ки кишвар дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ аз ҷумла обу иқлим, ҳифзи муҳити зист, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ташаббусҳои созанда нишон диҳад. Ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти ҳалли мушкилоти об бахши махсуси сиёсати байналмилалии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва бозтоб ва шӯҳрати кишварро дар миқёси ҷаҳонӣ баланд бардоштанд.
     Маҳсули заҳматҳои Пешвои миллат ин аст, ки дар масири 35 соли истиқлолият Тоҷикистон ба сулҳу ваҳдати миллӣ ноил гардида, дар ин марҳила қонунгузории миллии худро таҳия ва низоми самараноки идоракуниро (қонунгузор, иҷроия ва судӣ) ба вуҷуд овард ва пояҳои ҳуқуқии фаъолияти онҳо мустаҳкам гашт.
     Сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон дар моддаи 11-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ингуна муайян шудааст, ки «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ менамояд, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳоро эҳтиром мекунад» ва «ташвиқоти ҷанг»-ро манъ мекунад. Ин меъёр мавқеи устувори Тоҷикистонро дар пешгирии низоъҳо ва таъмини субот инъикос намуда, асоси ҳуқуқии дохилии ташаббуси «Даҳсолаи таҳкими сулҳ»-ро ташкил медиҳад. Ин ташаббус бо ҳадафҳои қатънома оид ба таъмини муҳити амн ва устувор барои наслҳои оянда мувофиқ мебошад, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон дар Созмони Милали Муттаҳид ба он таъкид кардаанд.
     Моддаи 1 Конститутсия Тоҷикистонро ҳамчун «давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона» муайян мекунад ва таъкид менамояд, ки он «барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодро фароҳам меорад». Ин модда нишон медиҳад, ки таъмини сулҳ ва суботи иҷтимоӣ мақсади конститутсионӣ буда, бо ҳадафҳои «Даҳсолаи таҳкими сулҳ» мувофиқ аст. Моддаи 5-и Конститутсия арзиши олии инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро тасдиқ мекунад ва давлатро вазифадор мекунад, ки ин арзишҳоро ҳифз намояд. Ин принсип бо суханрониҳои Пешвои миллат дар Созмони Милали Муттаҳид, ки ба «шаъну шарафи инсон барои наслҳои ҳозира ва оянда» ишора мекунанд, мувофиқ аст.
    Имрӯз обрӯ ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон натиҷаи талошҳои пайгирона ва кишварбарориҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Тоҷикистон узви фаъол ва баромадкунандаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, ташаббусҳои қайдшудаи Пешвои миллат ба ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва глобалӣ аз ҷумла мубориза бо терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ ва масъалаҳои экологӣ пешниҳод мегарданд. Хусусан силсилаи ташаббусҳо дар робита ба масъалаи об Тоҷикистонро дар саҳнаи байналмилалӣ муаррифӣ кардааст.
     Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва эҳёи ташаббусҳои байналмилалӣ назаррас аст: зиёда аз ҳафт ташаббуси минтақавиву ҷаҳонӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ёфтаанд. Пайвастагии таърихӣ ва иртиботи мустақими дипломатӣ аз рӯзҳои аввали истиқлолият барои муаррифии мавқеи Тоҷикистон дар мавриди масъалаҳои об ва дигар масъалаҳои стратегӣ заминаи боэътимодро ташкил медиҳад.
     Ташаббуси нави Пешвои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 сентябри 2024 дар ҷаласаи 79-умми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк пешниҳод гардид, 25 июни 2026 аз ҷониби Маҷмаи Умумӣ ҷонибдорӣ шуд. Қатънома солҳои 2027-2036-ро ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» эълон мекунад. Ҳадафҳои асосии Даҳсола аз мусоидат ба таҳкими сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа, инчунин дастгирии ҳамкории байни наслҳо аз ҷумла кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон дар таҳияи сиёсат ва равандҳои қабули қарорҳо иборатанд.
     Қатънома саҳми давлатҳо, роҳбарон ва халқҳоро, ки тавассути равандҳои сиёсӣ, чораҳои эътимодсоз, барқарорсозии пас аз низоъ ва сармоягузориҳои дарозмуддат ба ваҳдати иҷтимоӣ ва сулҳу оштӣ саҳм мегузоранд, истиқбол мекунад. Қатънома хотирнишон месозад, ки таҷрибаҳои миллии муваффақ метавонанд манбаи арзишманд барои наслҳои ҳозира ва оянда гардад.
     Ҳамчунин дар қатънома ба уҳдадориҳои қабулшуда дар Саммити оянда ва ба «Паймони оянда» ишора шудааст, ки дар он кишварҳои узв ба тақвияти ҳамкорӣ барои ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда уҳдадор мешаванд. Қатънома таҳаввулоти мусбат дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла талошҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон барои ҳалли мусолиматомези масъалаҳои сарҳадӣ ва имзои созишномаҳои дахлдорро низ муҳим шумурдааст.
     Қатънома Дабири кулл, ниҳодҳои махсусгардонидашуда, комиссияҳои минтақавӣ ва дигар сохторҳои СММ-ро даъват мекунад, ки дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо ва ҷонибҳои манфиатдор барои татбиқи Даҳсола мусоидат кунанд. Давлатҳо, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар шарикон мунтазир шудаанд, ки бо табодули таҷриба ва дониш татбиқи Даҳсоларо дастгирӣ намоянд.
     Қабули ин қатънома дар шароите сурат мегирад, ки дар минтақаҳои гуногуни сайёра миллионҳо одамон бо таҳдидҳои амниятӣ ва ҷангҳо рӯбарӯянд. Ин ташаббус, ки аз ибтикори Пешвои миллат сарчашма мегирад, метавонад саҳми муҳим дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии фарҳанги сулҳ дошта бошад.
     Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ин пешниҳод марҳилаи наве дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ оғоз мекунад ва барои муттаҳид сохтани талошҳои давлатҳо дар ин соҳа замина фароҳам меорад. Ибтикори Пешвои миллат на танҳо маҳорати касбии ӯро ҳамчун сиёсатмадори барҷаста ва дипломати сатҳи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, балки мақоми Тоҷикистонро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ боло бурда, онро ҳамчун давлати соҳибистиқлоли сулҳовар муаррифӣ менамояд.
 
МУСТАФОҚУЛОВ ДОВАРШОҲ БАЁНҚУЛОВИЧ,
муовини сардори шуъбаи ҳуқуқи
байналмилалии Маркази миллии
қонунгузории назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)