ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

АВФ ЯКЕ АЗ ИҚДОМҲОИ ИНСОНПАРВАРОНА ВА ТАШАББУСҲОИ НАҶИБОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 18/06/2026 - 15:58
     Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар кишвари азизу маҳбубамон балки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибэҳтиром, инсондӯст арзиш пайдо намудааст.
     Иқдомҳои инсонпарварона ва ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои миллат дар ҳимояи арзишҳои олии инсонӣ Тоҷикистонро ба як намунаи барҷаста дар соҳаҳои ҳаёти инсонӣ дар ҷаҳон табдил додааст. 
     16-уми июни соли 2026 яке аз амалҳои инсондӯстонае, ки Пешвои муаззами миллат анҷом доданд, ин ҳам бошад, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аст. Аз ин кори Роҳбари давлат мардуми кишвар ифтихор намуда, ҳамаҷониба онро дастгирӣ намуданд.
     Ин амали хирадмандона аз он далолат медиҳад, ки Тоҷикистон ба ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва шаҳрванд эҳтиром мегузораду барои фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагии шоиста тамоми тадбирҳоро амалӣ карда истодааст.
     Қабл аз он, ки ба таҳлили пурраи мавзӯи пешбинишуда шурӯъ намоем бояд маънои худи истилоҳи “авф”-ро донистанамон шарт аст. Истилоҳи “авф” аз вожаи юнонии “amnestia” гирифта шуда, маънояш фаромуш кардан мебошад.
     Чи тавре ба мо маълум аст, низоми ягонаи муносибатҳои ҳуқуқӣ дар заминаи низоми ягонаи қонунгузорӣ таъмин мешавад. Пайванд ба ин дар низоми қонунгузории авф, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маҳсуб меёбанд.
     Тибқи қ. 1 м. 59 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонунҳо ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз тарафи Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад. 
     Чи тавре зикр гардид, 16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд ва баъд аз қабули Қонун ба он имзо гузоштанд.
     Қабули Қонун «Дар бораи авф» ифодаи сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба шахсоне, ки даст ба ҷиноят задаанд, имкон медиҳад, ки ислоҳ шаванд, ба назди наздикону пайвандҳои худ баргашта, ба кору фаъолияти созанда машғул шаванд.
     Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”  яке аз санадҳои ҳуқуқии муҳим, ки он дар давлат корбаст карда мешавад, ки мазмуну муҳтавои он ин бахшиши гуноҳ мебошад.
     Дар илми ҳуқуқ ва қонунгузорӣ, хусусан дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз асосҳои озод намудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бахшиши ҷазо ва авфро пешбинӣ намудааст. Шахси содирнамудани ҷиноят метавонад бо санади авф аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад.
     Мутобиқи моддаи 83 боби 13 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшиши ҷазо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шахси муайян татбиқ мегардад.
     Бо санади бахшиши ҷазо шахси барои ҷиноят маҳкумшуда метавонад ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам иловагӣ пурра ё қисман озод карда шавад ё қисми ҷазои адонакардаи ӯ ихтисор гардад ё ба ҷазои сабуктар иваз карда шавад ё доғи судиаш бардошта шавад.
     Дар моддаи 82 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус авф низ меъёри мушаххас дарҷ гардидааст. Чунончӣ, тибқи қисми 1 авф дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати доираи инфиродан номуайяни шахсон татбиқ карда мешавад.  Мувофиқи қисми 2  санади болозикр  бо санади авф шахси ҷиноят содирнамуда метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад ва шахси барои ҷиноят маҳкумшуда  ҳам аз адои ҷазои асосӣ ва ҳам аз адои иловагӣ пурра ё қисман озод карда шавад ё қисми ҷазои адонакардаи ӯ ихтисор гардад ё ба намуди ҷазои сабуктар иваз карда шавад ё ин, ки доғи судиаш бардошта шавад. Тибқи қисми 3 санади авф ба кирдорҳои сазовори ҷазои ҷиноятие, ки то қабули он содир гардидаанд, дахл дорад.
     Инчунин, дар қисми 3 моддаи 83 эзоҳ ба моддаҳои 82 ва 83 муқарар шудааст, ки татбиқи санадҳои авф ва бахшиши ҷазо барои ҳуқуқи ҷабрдида дар мавриди гирифтани товони зарари бо кирдори ҷиноятӣ расонидашуда монеъ шуда наметавонад.
     Чи тавре аз воситаҳои ахбори омма (ВАО) бармеояд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” ба 18038 (ҳаждаҳ ҳазору сию ҳашт) маҳкумшуда татбиқ мегардад. Аз ҷумла, аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, аз муассисаҳои сукунатӣ ва ҷазоҳои дигари ба маҳрумӣ аз озодӣ алоқаманднабуда 11305 (ёздаҳ ҳазору сесаду панҷ) нафар озод мешавад. Муҳлати адонагардидаи ҷазои 6733 (шаш ҳазору ҳафсаду сию се) нафар кам карда мешавад.
     Қонун нисбат ба занон ва ноболиғон имтиёзҳои бештарро пешбинӣ мекунад. Аз 507 (панҷсаду ҳафт) нафар занон, ки адои ҷазо менамоянд, 248 (дусаду чилу ҳашт) нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд ва нисбат ба 259 (дусаду панҷоҳу нуҳ) нафар муҳлати адои ҷазо кам карда мешавад. Аз 134 (яксаду сию чор) нафар ноболиғе, ки адои ҷазо менамояд, 99 (наваду нуҳ) нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод гардида, нисбат ба 35 (сию панҷ) нафар муҳлати боқимондаи адои ҷазо кам карда мешавад.
     Қонун «Дар бораи авф» инчунин нисбат ба шахсоне, ки парвандаи онҳо дар пешбурди мақомоти судӣ, таҳқиқ ва тафтиш қарор дорад, татбиқ мегардад.
     Қонун мақомоти дахлдорро вазифадор менамояд, ки иҷрои онро дар давоми ду моҳ таъмин карда, ба Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
     Қонун «Дар бораи авф» мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти давлатиро муваззаф месозад, ки барои ба кор таъмин намудани  шахсони аз муассисаҳои иҷрои ҷазо озодшуда, ба таҳсил фаро гирифтани ноболиғон, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ягонаи шахсони номбурда чораҷуйӣ намоянд.
     Ҳаминро бояд тазаккур дод, ки авф аз тарафи мақомоти олии қонунгузори кишвар эълон карда мешавад. Санади авф ба доираи номуайяни одамон аз тарафи Маҷлиси Олӣ эълон карда мешавад.  Инчунин бояд ёдовар шуд, ки яке аз хусусиятҳои муҳими  санади авф дар он аст, ки он ҳамчун қонуни ҷиноятӣ эътироф намегардад.
     Дар фарҷом ҳаминро қайд кардан бомаврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кору иқдому талошҳои бузурги худ дар таърих хидматҳоеро анҷом додааст, ки ҳама ба манфиати шаҳрвандон, рушди давлат ва манфиатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардидаанд. 
 
 
Сардори шуъбаи қонунгузорӣ
оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоии
Маркази миллии қонунгузории
назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон
Бобокалон Ғоиб Мерган,
номзади илмҳои ҳуқуқшносӣ
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад