КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №12, қ.2, мод.703, мод.704; с.2006, №3, мод.159; с.2007, №7, мод.681; с.2008, №6, мод.459, №10, мод.818; с.2011, №3, мод.160, №6, мод.458; с.2012, №4, мод.250, №7, мод.695, мод.724, №8, мод.818, №12, қ.1, мод.1000; с.2013, №12, мод.879; с.2015, №3, мод.211; с.2016, №3, мод.151, №7, мод.625, №11, мод.882; с.2017, №5, қ.1, мод.278, мод.279; с.2018, №2, мод.68, №7-8, мод.528; с.2019, №4, мод.228, №6, мод.323; с.2020, №1, мод.24; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2020, № 1746)
(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 169, аз 30.07.2007 № 319, аз 18.06.2008 № 401, аз 6.10.2008 № 437, аз 25.03.2011 № 693, аз 28.06.2011 № 747, аз 16.04.2012 № 800, аз 03.07.2012 № 845, аз 03.07.2012 № 874, аз 01.08.2012 № 881, аз 28.12.2012 № 906, аз 28.12.2013 № 1035, аз 18.03.2015 № 1189, аз 15.03.2016 № 1298, аз 23.07.2016 № 1347, аз 14.11.2016 № 1366, аз 30.05.2017 № 1421, № 1422, аз 21.02.2018 № 1512, аз 3.08.2018 № 1545, аз 4.04.2019 № 1600, аз 20.06.2019 № 1621, аз 2.01.2020 № 1678, аз 17.12.2020 № 1746, аз 29.01.2021 № 1768, аз 18.03.2022 № 1868, аз 19.07.2022 № 1906, аз 24.12.2022 № 1932, аз 13.11.2023 № 2001, аз 13.11.2024 №2108)
Кодекси мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии фаъолияти гумрукро муайян намуда, ба ҳимояи истиқлолият ва амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъол сохтани муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар системаи муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, субъектҳои хоҷагидорӣ ва мақомоти давлатӣ ва аз ҷониби онҳо риоя намудани ӯҳдадориҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ нигаронида шудааст.
ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ
Моддаи 1. Танзими гумрукӣ ва фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Танзими гумрукӣ аз муқаррар намудани тартиб ва қоидаҳое иборат мебошад, ки шахсон ҳангоми риоя намудани онҳо ҳуқуқи аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - сарҳади гумрукӣ) интиқол додани мол ва воситаҳои нақлиётро амалӣ менамоянд.
Танзими гумрукӣ мувофиқи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Фаъолияти гумрукӣ маҷмӯи усулҳо ва воситаҳои таъмини риояи тадбири танзими гумрукию тарифӣ, мамнӯият ва маҳдудиятҳоеро дар бар мегирад, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими давлатии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ вобаста бо интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ муқаррар шудааст.
3. Роҳбарии умумии фаъолияти гумрукиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845).
Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо мақсадҳои гумрукӣ татбиқи мустақими вазифаҳоро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ва истифодаи якхелаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳамаи мақомоти гумрук дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
4. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи танзими гумрукӣ бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва мутаносибии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва амалияи умумиэътирофшудаи байналмилалӣ иштирок менамояд.
Моддаи 2. Ҳудуди гумрукӣ ва сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421)
1. Ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди ягонаи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷойгир бошанд, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, қисми ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Моли дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷойгиршуда бо мақсади истифодаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин мамнӯият ва маҳдудияти дорои хусусияти иқтисодӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун моли берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда ба ҳисоб мераванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421, аз 19.07.2022 № 1906).
3. Доираи ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин доираи ҳудуди дар қисми 2 ҳамин модда нишондодашуда сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
4. Сарҳади гумрукӣ, ба истиснои доираи минтақаҳои дар қисми 2 ҳамин модда муайяншуда ба Сарҳади давлатӣ мувофиқ аст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421, аз 19.07.2022 № 1906).
Моддаи 3.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ
1. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Кодекс, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки қабули онҳоро ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад (Қонуни ҶТ 14.11.2016 № 1366).
2. Қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои вобаста ба фаъолияти гумрукӣ, аз ҷумла муносибатҳои муқаррар намудани тартиби интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ, муносибатҳоеро, ки дар ҷараёни барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукӣ ба миён меоянд, шикоят нисбати санад, амалӣ (беамалии) мақомоти гумрук ва шахсони мансабдори онҳо, инчунин муносибатҳо оид ба муқаррар намудан ва татбиқи низоми гумрукӣ, муайян, татбиқ намудан, тағйир додан ва ситонидани пардохтҳои гумрукиро танзим менамояд.
3. Агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба муқаррароти ҳамин Кодекс меъёрҳои дигар муқаррар шуда бошанд, меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ татбиқ мегарданд.
Моддаи 4. Тартиби мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1298)
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" мавриди амал қарор дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1298).
Моддаи 5. Қувваи бозгашти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ
1. Амали санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ нисбати муносибатҳое, ки то ҷорӣ намудани онҳо ба миён омадаанд, татбиқ намегардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар дар худи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар оид ба мавриди амал қарор додани онҳо тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
2. Меъёрҳои муқарраркунанда ё вазнинкунандаи ҷавобгарӣ ё вогузорандан ӯҳдадориҳои иловагӣ ба зиммаи субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии гумрукӣ қувваи бозгашт надоранд.
3. Меъёрҳои сабуккунандаи ҷавобгарии иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқии гумрукӣ қувваи бозгашт доранд.
Моддаи 6. Талабот ба санадҳои қонунгузории гумрук, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ
1. Муқаррароти санадҳои қонунгузории гумрук, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ бояд чунон баён гарданд, ки ҳар як шахс ҳуқуқ ва вазифаҳои худ, аз ҷумла ҳангоми интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ иҷрои кадом амал, кай ва тартиби иҷрои онро дақиқ донад.
2. Муқаррароти санади меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ наметавонанд хилофи муқаррароти санадҳои қонунгузории гумрук ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд ё талабот, мамнӯият ва маҳдудиятеро муайян намоянд, ки онҳо дар санадҳои қонунгузории гумрук ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудаанд.
Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845).
3. Ҳеҷ кас барои вайрон кардани қоидаҳои гумрукӣ ба ҷавобгарӣ кашида намешавад, ба шарте, ки ин вайронкунӣ аз сабаби носаҳеҳӣ ва гуногунфаҳмии меъёрҳои ҳуқуқии дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ мавҷуда ба миён омада бошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845).
4. Нисбати санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ, ки ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар навъи фаъолияти иқтисодӣ дахл мекунад, тибқи тартиби судӣ, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 7. Истифодаи тадбирҳои танзими тарифи гумрукӣ, мамнӯият ва маҳдудиятҳои мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда
Дар фаъолияти гумрукӣ тадбирҳои танзими гумрукию тарифӣ, мамнӯият ва маҳдудиятҳои мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон муқарраргардида, ки дар рӯзи қабули декларатсияи гумрукӣ амал мекунанд, истифода бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
Моддаи 8. Тартиби баҳисобгирии мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс
1. Муқаррар намудани рӯзи оғоз ва рӯзи анҷоми мӯҳлатҳои мувофиқи ҳамин Кодекс муқарраршуда, ки барои давра ё рӯзи фарорасии ҳодиса муайян мегардад, мувофиқи тартиби пешбининамудаи ҳамин Кодекс муқаррар карда мешавад.
2. Агар мувофиқи ҳамин Кодекс барои баҳисобгирии мӯҳлатҳо тартиби махсус муқаррар нашуда бошад, барои муайян кардани рӯзи оғоз ва рӯзи анҷоми мӯҳлатҳо дар фаъолияти гумрукӣ қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 129 ҳамин Кодекс истифода мегарданд.
Моддаи 9. Муносибат бо маълумоте, ки мақомоти гумрук гирифтааст
1. Ҳама гуна маълумоте, ки мақомоти гумрук гирифтааст, дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии гумрук, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ танҳо барои мақсадҳои гумрукӣ истифода бурда мешаванд.
2. Мақомоти гумрук ва шахсони мансабдори онҳо, дигар шахсони ба маълумот иҷозатдошта, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр шудаанд, тибқи қонун ва ё қарордод ҳуқуқ надоранд маълумоти дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ, андоз ё дигар сирри қонунан ҳифзшавандаро ифшо намоянд, барои мақсадҳои шахсӣ истифода баранд ё ба шахси сеюм, аз ҷумла ба мақомоти давлатӣ диҳанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Мақомоти гумрук метавонанд тибқи тартиби байни мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва мақоми давлатии ваколатдор мувофиқашуда, бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимояи сирри давлатӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ, андоз ва дигар сирри қонунан ҳифзшаванда ва дигар маълумоти махфӣ (конфиденсиалӣ) маълумоти гирифтаашонро ба мақоми давлатии ваколатдор диҳанд, агар чунин маълумот барои ин мақомот ҷиҳати иҷрои вазифаҳои мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаашон гузошташуда зарур бошад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
Мақомоти ваколатдори давлатӣ, шахсони мансабдори онҳо, шахсони дигаре, ки тибқи қонун ба маълумоти махфии аз мақомоти гумрук гирифташуда иҷозат доранд, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ надоранд чунин маълумотро ифшо намоянд, паҳн кунанд, ба мақсадҳои шахси истифода баранд ё онро ба шахси сеюм диҳанд.
3. Маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда, ки сирри давлатӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ, андоз ё дигар сирри қонунан ҳифзшавандаро ташкил медиҳад ва дигар маълумоти махфӣ (конфиденсиалӣ) дорои низоми махсуси ҳифз ва иҷозат мебошад.
4. Гум кардани ҳуҷҷатҳои дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ, андоз ё дигар сирри қонунан ҳифзшаванда, маълумоти махфӣ (конфиденсиалӣ), ифшои чунин маълумот, истифодаи онҳо барои мақсадҳои шахсӣ ё додани онҳо ба шахси сеюм боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
5. Маълумоти махфӣ оид ба амалиёти воридотию содиротии мушаххаси фаъолияти иқтисодии хориҷӣ танҳо ба суд ва мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ вобаста ба тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 874, аз 19.07.2022 № 1906).
Моддаи 10. Мафҳумҳои асосӣ
1. Дар ҳамин Кодекс мафҳумҳои асосӣ ба маънои зайл истифода бурда мешаванд:
1) амалиёти гумрукӣ - амалҳои алоҳида нисбати мол ва воситаҳои нақлиёт, ки аз ҷониби шахсон ва мақомоти гумрук ҳангоми барасмиятдарории гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт иҷро карда мешаванд;
2) андозҳо - андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо, ки мақомоти гумрук вобаста ба интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон меситонанд;
3) андозҳои дохилӣ - андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз, ки ҳангоми муомилоти мол дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
4) боркашон (интиқолдиҳанда) - шахсе, ки молро аз сарҳади гумрукӣ ва таҳти назорати гумрукӣ дар доираи ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол медиҳад ё барои истифодаи воситаи нақлиёт масъул аст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
5) брокери гумрукӣ (намоянда) - миёнараве, ки амалиёти гумрукиро аз номи декларант ва (ё) бо супориши он ё шахси дигар, ки ба зиммаи ӯ чунин масъулият гузошта шудааст, иҷро мекунад ё ба вай ҳуқуқ дода шудааст, ки амалиёти гумрукиро мувофиқи ҳамин Кодекс анҷом диҳад;
6) воридоти мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон - интиқоли воқеии мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукӣ ва ҳамаи дигар амалҳои мувофиқи ҳамин Кодекс пешбинишуда бо мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт то замони иҷозати онҳо аз ҷониби мақомоти гумрук (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
7) воситаҳои нақлиёт - ҳама гуна киштии дарёӣ (аз ҷумла лихтерҳои худгард ва ғайрихудгард, биржаҳо, инчунин киштиҳои болдор), киштиҳои дорои болиштҳои пурбод, тайёраҳо, нақлиёти автомобилӣ (аз ҷумла ядакҳо, нимядакҳо, воситаҳои нақлиёти омехта) ё воҳиди ҳаракаткунандаи роҳи оҳанро дар бар мегирад, ки барои ҳамлу нақли байналмилалии интиқоли пулакии шахсон ё ҳамлу нақли пулакӣ ва ройгонӣ бори саноатӣ ва тиҷоратӣ истифода мешаванд, инчунин қисмҳои эҳтиётии штатӣ, олот ва таҷҳизот, сӯзишворию равғанҳои молидании дар бакҳои штатӣ мавҷуда, агар онҳо якҷоя бо воситаҳои нақлиёт интиқол дода шаванд;
8) декларант - шахсе, ки молро декларатсия мекунад ё аз номи ӯ мол декларатсия карда мешавад;
9) декларатсияи гумрук - ҳуҷҷати дорои шакли муайян, ки дар он тибқи ҳамин Кодекс маълумоти барои мақомоти гумрук зарури зикр карда мешавад;
10) интиқоли мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ - бо усулҳои гуногун ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардан ё аз он содир кардани молу воситаҳои нақлиёт (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
11) интиқоли ғайриқонунии мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ - амали воридот ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё содироти мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт аз ин ҳудуд бо вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
12) иҷозати мол - амали мақомоти гумрук, ки ба шахсони манфиатдор барои истифода ва (ё) ихтиёрдории мол тибқи низоми гумрукӣ иҷозат медиҳад;
13) иҷозати шартӣ - иҷозати мол ва воситаҳои нақлиёт бо маҳдудиятҳо ва шартҳои муқарраршуда оид ба истифода ва ихтиёрдории онҳо;
14) мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ мақоми давлатии дахлдор, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини бевоситаи иҷрои вазифаҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ва истифодаи якхелаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҳамаи мақомоти гумрук дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор шудааст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
15) мақомоти гумрук - мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва воҳидҳои тобеи он, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар ҳамин Кодекс мақомоти гумруки давлатҳои хориҷӣ ёдовар шудаанд;
16) мол - ҳама гуна амволи манқули ҳам ба мақсадҳои тиҷоратӣ ва ҳам ғайритиҷоратӣ аз сарҳади гумрукӣ интиқолшаванда, инчунин воситаҳои нақлиёти марбут ба амволи ғайриманқул, ки аз сарҳади гумрукӣ интиқол дода мешаванд. Воситаҳои нақлиёти дар банди 7 ҳамин қисм нишондодашуда ба мол тааллуқ надоранд;
17) моли ватанӣ - моле, ки барои мақсадҳои гумрук дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои статуси муомилоти озод мебошад, яъне моле, ки аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир нашудааст ва пурра дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол гардидааст, моли барои муомилоти озод дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатдодашуда ва моле, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моли барои муомилоти озод дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатдодашуда истеҳсол гардидааст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
18) моли хориҷӣ - моле, ки моли ватанӣ ҳисобида намешавад;
19) моли таҳти назорати гумрукӣ қарордошта - моли хориҷие, ки то замони иҷозати он ба муомилоти озод, интиқоли воқеии мол аз сарҳади гумрукӣ ҳангоми содирот ё худ то замони нобудкунии он, ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст, инчунин моли ватанӣ аз замони содироти он аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон то замони интиқоли воқеии он аз сарҳади гумрукӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
20) муомилоти озод - муомилоти мол дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни мамнӯият ва маҳдудиятҳои пешбининамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
21) назорати гумрукӣ - маҷмӯи тадбирҳо, аз ҷумла дар асоси арзёбӣ ва идоракунии таваккале, ки мақомоти гумрук бо мақсади таъмини риояи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678);
22) низоми гумрукӣ - расмиёти гумрукие мебошад, ки маҷмӯи талабот ва шартҳо, аз ҷумла тартиби нисбати мол ва воситаҳои нақлиёт истифода бурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз, мамнӯият ва маҳдудиятҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақоми мол ва воситаҳои нақлиётро ба мақсадҳои гумрукӣ вобаста бо мақсади интиқоли онҳо аз сарҳади гумрукӣ ва истифодабарӣ дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз ин ҳудуд дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
23) расмиёти гумрукӣ - маҷмӯи муқаррароте, ки статуси мол ва воситаҳои нақлиёти аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшавандаро барои мақсадҳои гумрукӣ муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
24) содироти мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон - пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ ё анҷом додани амалҳои дар сархати дуюми ҳамин банд зикршуда, ки мустақиман ба содироти мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт, инчунин дигар амалҳои мувофиқи ҳамин Кодекс барои мол ва воситаҳои нақлиёт то замони интиқоли ҳақиқии онҳо аз сарҳади гумрукӣ пешбинишуда нигаронида шудааст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Ба амалҳое, ки мустақиман ба содироти мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, амали дохил шудани (вуруди) шахси воқеии аз Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷшаванда ба минтақаи назорати гумрукӣ, ворид шудани воситаҳои нақлиёт ба нуқтаи гузаргоҳ аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баровардани он аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоридани мол ба ташкилотҳои нақлиётӣ ва (ё) муросилоти байналмилалӣ тавассути ташкилотҳои (муассисаҳои) алоқаи почта барои ирсол берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амали шахс ҷиҳати бо мол ва воситаҳои нақлиёт мустақиман баромадан аз сарҳади гумрукӣ берун аз маҳалҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
25) статуси (мақоми) мол ва воситаҳои нақлиёт барои мақсадҳои гумрукӣ - мавҷуд будан ё набудани мамнӯият ва маҳдудиятҳо барои ҳуқуқи истифода ва ихтиёрдории мол ва воситаҳои нақлиёт, ки мувофиқи ҳамин Кодекс муқаррар шудааст;
26) шахсони манфиатдор - шахсоне, ки манфиати онҳо тавассути қарор, амалӣ (беамалии) мақомоти гумрук нисбати мол ва воситаҳои нақлиёт мустақиман ва инфироди дахолат карда мешавад, агар аз ҳамин Кодекс тартиби дигаре барнаояд;
27) шахсон - шахси воқеӣ ва ҳуқуқм, агар аз ҳамин Кодекс тартиби дигаре барнаояд;
28) шахсони хориҷӣ - шахсоне, ки шахсони ватанӣ ҳисобида намешаванд;
29) шахсони ватанӣ - шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахси бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳали истиқомати доимӣ дорад, соҳибкори инфиродӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, инчунин шахси ҳуқуқие, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
30) шахси ҳуқуқии ватанӣ - шахси ҳуқуқие, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст;
31) экспедитор - шахсе, ки мувофиқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад;
32) ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ - ҳисобнома-фактура (инвойс), номнависи (спетсификатсияи) бор, варақаи бастабандӣ ва ҳуҷҷатҳои дигаре, ки ҳангоми анҷом додани фаъолияти савдои хориҷӣ ва дигар фаъолият, инчунин барои тасдиқи аҳдҳо вобаста ба интиқоли мол тавассути сарҳади гумрукӣ истифода мегарданд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678);
33) ҳуҷҷатҳои гумрукӣ - ҳуҷҷатҳое, ки танҳо барои мақсадҳои гумрукӣ таҳия шудаанд;
34) ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (борбарӣ) - коносамент, борхат ё дигар ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудият ва мазмуни шартномаро барои интиқоли мол тасдиқ менамоянд ва ҳангоми интиқоли байналмилалӣ ҳамроҳикунандаи мол ва воситаҳои нақлиёт мебошанд;
35) молҳои қалбакӣ - молҳои дорои объектҳои моликияти зеҳнии бо вайрон намудани ҳуқуқҳои соҳибҳуқуқ тайёргардида ва (ё) аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшавандае, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 874);
36) соҳибҳуқуқ - шахсе, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи истисноӣ ба объекти моликияти зеҳнӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 874);
37) боздошти иҷозат - дар сурати ҷой доштани шубҳа оид ба қалбакӣ будани молҳо аз ҷониби мақомоти гумрук тамдид гардидани мӯҳлати қабули қарор дар бораи иҷозати онҳо, ки мутобиқи низоми интихобгардидаи гумрукӣ интиқол дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 874);
38) феҳристи гумрукии объектҳои моликияти зеҳнӣ - номгӯи молҳои дорои объектҳои моликияти зеҳнии мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшаванда (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 874);
39) Мамнӯият ва маҳдудиятҳо - чораҳои ҳимояи манфиати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар савдои хориҷӣ, воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, содироти он аз ин ҳудуд, аз ҷумла системаи чораҳои назорати содирот, тасдиқи мутобиқат ба стандартҳо ва талабот оид ба бехатарии мол, аз ҷумла регламентҳои техникӣ, талаботи байторӣ, фитосанитарӣ, карантинӣ, санитарию эпидемиологӣ, фармасевтӣ ва радиатсионӣ, инчунин сертификати мутобиқат, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва (ё) санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон муқаррар гардидаанд (Қонуни ҶТ 28.12.2012 № 906, аз 30.05.2017 № 1421);
40) боҷи гумрукӣ - пардохти ҳатмие, ки дар ҳолати интиқоли мол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти гумрук тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи ғайринақдӣ ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678, аз 13.11.2023 № 2001).
2. Ҳамаи мафҳумҳои дигар дар ҳамин Кодекс мутобиқи мазмуне, ки дар дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, истифода бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845).
БОБИ 2. ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ ИНТИҚОЛИ МОЛ ВА ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ АЗ САРҲАДИ ГУМРУКӢ
Моддаи 11. Интиқоли мол (аз ҷумла асъор ва сарватҳои асъорӣ) ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳамаи шахсон барои интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ҳуқуқи баробар доранд.
2. Мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс интиқол дода мешаванд.
Тартиби интиқоли асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоғазҳои қиматноки бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаёфта, асъори хориҷӣ ва сарватҳои асъории дигар тибқи ҳамин Кодекс ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
Моддаи 12. Риояи мамнӯият ва маҳдудиятҳо ҳангоми интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ
1. Моле, ки воридоташ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, аз ҷониби мақомоти гумрук боздошта шуда, нисбати онҳо тадбирҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд. Агар дар ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, чунин мол бояд бетаъхир аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шавад. Ин молро интиқолдиҳанда мебарорад. Ҳангоми набудани имконоти баровардан ё фавран набаровардан ин мол бояд дар анбори нигаҳдории муваққатӣ ё маҳали дигаре, ки минтақаҳои назорати гумрукӣ мебошанд (моддаи 403), аз ҳисоби шахсони дар моддаи 15 ҳамин Кодекс зикргардида ҷойгир карда шавад. Мӯҳлати ниҳоии нигаҳдории чунин мол 3 шабонарӯз муайян карда шудааст, агар мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати моли алоҳида мӯҳлати дигаре муқаррар нашуда бошад. Моли мазкур ҳангоми ба охир расидани ин мӯҳлат мувофиқи боби 58 ҳамин Кодекс ихтиёрдорӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моле, ки воридоти он ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шудааст (ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс аз ҷониби мақомоти гумрук иҷозат дода мешавад), бо риояи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридот иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Моле, ки содироташ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, бояд аслан содир карда нашавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моле, ки содироташ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шудааст, бо риояи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содирот иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. Хароҷоти декларантҳо, интиқолдиҳандагон ё шахсони алоҳида вобаста ба риояи мамнӯият ва маҳдудиятҳо барои воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё содироти он аз ин ҳудуд мувофиқи моддаи 15 ҳамин Кодекс аз ҷониби мақомоти гумрук ҷуброн карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 13. Расмиёти гумрукӣ ва назорати гумрукӣ
1. Ҳамаи мол ва воситаҳои нақлиёте, ки аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешаванд, тибқи тартиб ва шартҳои муайяннамудаи ҳамин Кодекс бояд ҳатман мавриди барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукӣ қарор гиранд.
2. Ҳангоми амалӣ намудани расмиёт ва назорати гумрукӣ мақомоти гумрук ва шахсони мансабдори онҳо ҳуқуқ надоранд талабот ва маҳдудиятҳоеро муқаррар намоянд, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии гумрук ва ё дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудаанд.
Моддаи 14. Истифодабарӣ ва ихтиёрдории мол ва воситаҳои нақлиёт
1. Ҳеҷ кас ба истифодабарӣ ва ихтиёрдории мол ва воситаҳои нақлиёт то замони иҷозати онҳо ҳуқуқ надорад, ба истиснои тартиб ва шартҳое, ки ҳамин Кодекс муқаррар намудааст.
2. Баъди иҷозати мол ва воситаҳои нақлиёт истифодабарӣ ва ихтиёрдории онҳо тибқи низоми арзгардидаи гумрукӣ анҷом дода мешавад.
Моддаи 15. Ӯҳдадорӣ оид ба татбиқи амалиёти гумрукӣ барои иҷозати мол
Агар ҳамин Кодекс тартиби дигаре муқаррар накарда бошад, ӯҳдадорӣ оид ба татбиқи амалиёти гумрукиро барои иҷозати мол инҳо ба зимма мегиранд:
1) агар мол аз сарҳади гумрукӣ тибқи аҳди фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз ҷониби шахси ватанӣ басташуда интиқол дода шавад - шахси ватание, ки чунин аҳдро бастааст ё аз номи ӯ ё бо супориши ӯ аҳд ба имзо расидааст;
2) агар мол аз сарҳади гумрукӣ бе бастани аҳд аз ҷониби шахси ватанӣ интиқол дода шавад - шахсе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи соҳибӣ ё ҳуқуқи истифодабарии молро дорад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
3) шахсони дигаре, ки тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) ҳамин Кодекс бо моли таҳти назорати гумрукӣ қарордошта барои иҷрои амали дорои аҳамияти ҳуқуқӣ аз номи худ ба сифати дахлдор баромад карда метавонанд.
Моддаи 16. Кафолатҳо барои иҷрои пурраи ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс
Дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати мол мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд аз шахси кафолатдиҳанда иҷрои ӯҳдадориҳояшро мувофиқи муқаррароти ҳамин Кодекс, аз ҷумла ҷиҳати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи боби 46 ҳамин Кодекс талаб намоянд.
БОБИ 3. АМАЛҲО ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ
Моддаи 17. Амалҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ
Фаъолияти шахси ҳуқуқӣ ба сифати боркашони гумрукӣ, соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ, соҳибони анборҳои гумрукӣ, соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ, танзимгари ваколатдори иқтисодӣ ва брокерҳои гумрукӣ (намояндаҳо), бо шарти мувофиқан дохил намудан ба Феҳристи боркашонҳои гумрукӣ, Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ, Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ, Феҳристи соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ, Феҳристи танзимгари ваколатдори иқтисодӣ ё Феҳристи брокерҳои гумрукӣ (намояндаҳо) (минбаъд дар ҳамин боб Феҳристи шахсони дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амалкунанда) иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678, аз 19.07.2022 № 1906).
Моддаи 18. Феҳристи шахсони дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амалкунанда
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
1. Феҳристи шахсони дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амалкунанда мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба роҳ монда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
2. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ вазифадор аст на камтар аз як маротиба дар ҳар се моҳ Феҳристи шахсони дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амалкунандаро дар воситаҳои ахбори омма ва сомонаи расмии интернетии худ нашр намояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678, аз 19.07.2022 № 1906).
Моддаи 19. Дохил намудани шахси ҳуқуқӣ ба Феҳристи шахсони дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амалкунанда
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
1. Шахси ҳуқуқӣ ба Феҳристи шахсони дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амалкунанда мутобиқи шартҳои муқарраркардаи ҳамин Кодекс дохил карда мешавад. Барои дохил намудан ба ин феҳристҳо музд ситонида намешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
2. Барои дохил намудан ба яке аз Феҳристҳои шахсоне, ки дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амал мекунанд, шахси ҳуқуқӣ ба мақомоти гумрук бо аризаи хаттии дорои маълумоти пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти дар ин ариза нишондодашуда, бо номгӯи муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс муроҷиат менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
3. Ҳуҷҷатҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда метавонанд дар шакли асл ва ё нусхаи бо тартиби ҷори тасдиқшудаи онҳо пешниҳод карда шаванд.
Баъди анҷоми баррасии ариза мақоми гумрук вазифадор аст бо хоҳиши тарафи аризадиҳанда нусхаи аслии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо ба вай баргардонад.
4. Мақоми гумрук аризаро дар давоми на дертар аз 30 рӯзи қабул баррасӣ менамояд. Мақоми гумрук хулосаро ҳангоми қабули қарор ҷиҳати ба феҳристи дахлдор дохил намудани аризадиҳанда ба мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ мефиристад. Барои ба расмият даровардани қарори мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ мақоми гумрук ба аризадиҳанда дар бораи дохил карда шудани ӯ ба чунин феҳрист шаҳодатнома медиҳад. Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад фаъолияти дахлдорро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ аз рӯзи гирифтани шаҳодатнома оғоз намояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад ба феҳристи дахлдор дохил карда шудани аризадиҳандаро танҳо дар сурати шартҳои ба феҳристи дахлдор дохил намуданро риоя накардани ӯ, ки ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, рад намояд. Қарор дар бораи рад баъди қабул шуданаш ба шакли хаттӣ фавран ба аризадиҳанда расонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
5. Мақоми гумруке, ки аризаро баррасӣ менамояд, ҳуқуқ дорад аз шахсони сеюм, инчунин аз мақомоти давлатӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти аризадиҳандаро талаб намояд. Шахсони мазкур вазифадоранд дар давоми даҳ рӯзи гирифтани дархост ҳуҷҷатҳо ё маълумоти дархостшударо пешниҳод намоянд.
Моддаи 20. Шаҳодатномаи ба яке аз феҳристҳо дохил намудани шахсоне, ки дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амал мекунанд
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
1. Шаҳодатномаи ба яке аз феҳристҳо дохил намудани шахсоне, ки дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амал мекунанд (баъдан дар ҳамин боб шаҳодатнома), аз рӯи намунаи муайянкардаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дода мешавад. Шаҳодатнома бояд маълумоти ҳамин Кодекс пешбининамударо дошта бошад. Шаҳодатномаро ба шахси дигар додан мумкин нест (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
2. Дар бораи тағйирёбии маълумоти дар ариза ё дар ҳуҷҷатҳои замимави зикршуда мутобиқи қисми 2 моддаи 19 ҳамин Кодекс шахси ҳуқуқӣ (вориси ҳуқуқии вай), ки дар яке аз феҳристҳои шахсони дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амалкунанда дохил карда шудааст, вазифадор аст мақоми гумрукро ба таври хаттӣ дар давоми панҷ рӯзи сар задани ҳодисаи дахлдор ё аз рӯзи ба шахс маълум шудани он огоҳ намояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
Мақоми гумрук дар давоми 5 рӯзи кори мутобиқати маълумоти нави зикршударо ба шартҳое, ки барои дохил намудани шахси ҳуқуқӣ ба яке аз феҳристҳо муқаррар шудаанд, месанҷад ва агар маълумоти дар шаҳодатнома зикршаванда тағйир ёбад, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қисми 4 моддаи 19 ҳамин Кодекс масъалаи додани Шаҳодатномаи навро баррасӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
3. Шаҳодатнома аз тарафи мақоми гумрук танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 98, 113, 145, 231 ва қисми 4 моддаи 263 ҳамин Кодекс бозхонда мешавад.
Қарор дар бораи бозхонди шаҳодатнома аз тарафи мақоми гумрук ба шахси ҳуқуқие, ки нисбати ӯ чунин қарор қабул шудааст бояд рӯзи дигари қабули қарор ба таври хаттӣ бо фаҳмонидани сабаби қабули чунин қарор расонида шавад. Ин қарор ба роҳбар ё намояндаи ваколатдори шахси ҳуқуқӣ бо гирифтани имзо ё дигар намуди тасдиқкунандаи далел ва санаи қабули ин қарор супорида мешавад. Агар шахсони номбаршуда аз гирифтани ин қарор саркашӣ кунанд, он бо мактуби супориши ба воситаи почта равон карда мешавад.
Қарор дар бораи бозхонди шаҳодатнома баъд аз 15 рӯзи қабули чунин қарор эътибори қонуни пайдо мекунад.
Намунаи қарор дар бораи бозхонди шаҳодатнома аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тасдиқ карда мешавад.
4. Бозхонди шаҳодатнома боиси аз феҳристи дахлдор хориҷ кардани шахси ҳуқуқие, ки дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амал мекунад, мегардад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
5. Аризаи дохил намудан ба феҳристи дахлдор пас аз бозхонди шаҳодатнома, баъди бартараф намудани сабабҳое, ки барои чунин бозхонд асос гардидаанд ва дар ҳолатҳои бозхонди шаҳодатнома бо сабаби якчанд маротиба ба ҷавобгарии маъмури кашида шудани шахси ҳуқуқӣ баъди ба охир расидани мӯҳлате, ки шахс таҳти ҷазои маъмурӣ қарор дошт, баррасӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
Моддаи 21. Хориҷ намудани шахси ҳуқуқӣ аз феҳристҳои шахсоне, ки дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амал мекунанд
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
1. Шахси ҳуқуқӣ аз феҳристҳои шахсоне, ки дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амал мекунанд, дар ҳолатҳои зерин хориҷ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) бо хоҳиши ҳамин шахс аз рӯзи дигари аз ҷониби мақоми гумрук гирифтани аризаи хаттии шахс ҳангоми хориҷ намудан аз феҳристи дахлдор (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906);
2) баъди ба охир расидани мӯҳлати амали шаҳодатномае, ки қисми 2 моддаи 96, қисми 3 моддаи 111, қисми 2 моддаи 142, қисми 3 моддаи 229 ва қисми 3 моддаи 263 ҳамин Кодекс муқаррар кардааст, аз рӯзи дигари ба охир расидани чунин мӯҳлат;
3) ҳангоми қабул намудани қарори бозхонди шаҳодатнома - аз рӯзи эътибори қонуни пайдо кардани чунин қарор;
4) ҳангоми барҳам додани шахси ҳуқуқӣ баъди як рӯзи аз ҷониби мақоми бақайдгиранда ба Феҳристи ягонаи давлатии шахси ҳуқуқӣ қайд намудани шахси ҳуқуқие, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни барҳамхӯри фаро мерасад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906);
5) ҳангоми боздоштани фаъолияти шахси ҳуқуқӣ дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ, ба истиснои дигаргунсозӣ - аз рӯзи дигаре, ки азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба охиррасида ҳисоб мешавад.
2. Аз Феҳристи шахсони дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амалкунанда хориҷ кардани шахси ҳуқуқӣ ин шахсро (вориси ҳуқуқии ӯро) аз ӯҳдадориҳои ба охир расонидани амалиёти гумрук оид ба интиқол ё нигоҳдошти моли таҳти назорати гумрукӣ қарордошта ё иҷрои дигар амале, ки ӯҳдадории иҷрои он то хориҷ намудани шахси ҳуқуқӣ аз Феҳристи дахлдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ба миён омадааст, озод намекунад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
БОБИ 4. ИТТИЛОЪДИҲӢ ВА МУШОВАРА
Моддаи 22. Гирифтани иттилоот оид ба сабабҳои қабули қарор, амалӣ (беамалии) содиршуда
1. Шахсе, ки нисбати вай аз ҷониби мақоми гумрук ё шахси мансабдор қарор қабул гардидааст ё амале анҷом дода шудааст, инчунин шахсе, ки то гузашти мӯҳлати муайян нисбати вай қарор қабул нашудааст ё ки бояд иҷро гардад, вале иҷро нашудааст, ҳуқуқ дорад ба ин мақоми гумрук оид ба сабаб ва асосҳои қабул шудани қарор ё амали иҷрошуда ё сабабҳои қабул нашудани қарор ё анҷом надодани амали дахлдор муроҷиат намояд, агар ин мустақиман ё ба таври инфироди ба ҳуқуқ ва манфиатҳои шахси номбаршуда дахл дошта бошад.
2. Дархост бояд дар давоми шаш моҳи қабули қарор, иҷрои амал (беамали) ё ба анҷом расидани мӯҳлати қабули онҳо ё иҷрои амал ё аз рӯзе, ки ин шахс оид ба қабули қарор ё анҷом додани амал (беамали) огоҳ гардидааст, пешниҳод карда шавад.
3. Шахси манфиатдор барои пешниҳоди маълумоти зарурӣ метавонад ҳам хаттӣ ва ҳам шифоҳӣ бо дархост муроҷиат намояд. Дархости шифоҳӣ бояд аз ҷониби мақоми гумрук дар рӯзи қабули дархост баррасӣ карда шавад. Ҳангоми додани дархости хатти ба он бояд дар давоми 10 рӯзи гирифтани дархостнома хаттӣ ҷавоб дода шавад.
Моддаи 23. Иттилоот дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти гумрукӣ
1. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва дигар мақомоти гумрук дастрасии ройгони иттилоотро вобаста ба санади меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳаи фаъолияти гумрукӣ, аз ҷумла бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, тахтаҳои иттилоотӣ, гӯшаи иттилоотӣ, варақаҳои маълумот ва маводи дигари нашрӣ, инчунин воситаҳои техникии видеоӣ, аудиоӣ ва воситаҳои дигари техникии барои пахши иттилоот истифодашаванда таъмин менамоянд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678, аз 19.07.2022 № 1906).
2. Мақомоти гумрук дар хусуси санади меъёрии ҳуқуқии таҳияшаванда, инчунин оид ба тағйиру иловаҳо ба санади меъёрии ҳуқуқии эътибори қонуни пайдонакарда дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, аз ҷумла бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дастрасии иттилоотро таъмин менамоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки огоҳсозии қаблӣ оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои гузаронидани назорати гумрукӣ монеа мешавад ё ба паст гардидани самаранокии онҳо мусоидат менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
3. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои гумруки дар нашрияҳои расмии худ чопи санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки ҳамин мақомот қабул кардаанд, инчунин санадҳои қонунгузории гумрукӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
Моддаи 24. Машварат оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва дигар масъалаҳое, ки таҳти салоҳияти мақомоти гумрук қарор доранд
1. Ҳангоми машварат бояд на танҳо иттилоотӣ дархостшуда, балки ҳама гуна иттилоотӣ ба кор иртиботдоштае, ки мақомоти гумрук ба маълумоти шахси манфиатдор расонидани онро мувофиқи мақсад медонанд, пешниҳод гардад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845).
Мақомоти гумрук ба шахсони манфиатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ, ки таҳти салоҳияти ин мақомот қарор доранд, машварат медиҳанд. Сардори мақоми гумрук (шахси ивазкунандаи вай) шахсони мансабдори мақомоти гумрукро, ки ба гузаронидани машварат ваколатдоранд, муайян менамояд. Иттилоот оид ба дархости шахси манфиатдор дар мӯҳлати кӯтоҳтарин, вале на дертар аз як моҳи гирифтани чунин дархост пешниҳод карда мешавад.
2. Машварат аз ҷониби мақомоти гумрук ҳам шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ ройгон дода мешавад. Бо талаби шахси манфиатдор мақоми гумрук вазифадор аст иттилоотро дар шакли хаттӣ пешниҳод намояд, ки он барои қабули қарор ё иҷрои амал (беамали) аз ҷониби мақомоти гумрук ҳангоми анҷом додани амалиёти гумрукӣ нисбати мол ва воситаҳои нақлиёт асос шуда наметавонад.
3. Мақомоти гумрук барои зараре, ки дар натиҷаи таҳрифи матни санади ҳуқуқии бе огоҳонӣ ва назорати онҳо интишоршуда расонида шудааст, инчунин барои зараре, ки дар натиҷаи машварати ғайритахассусии шахсони барои гузаронидани чунин машварат салоҳиятнадошта расонида шудааст, масъул намебошанд.
Моддаи 25. Омори гумрукии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ба мақсади таҳлили вазъи тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати воридоти пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатӣ, назорати асъор, таҳлили ҳолат, афзоиш ва рушди тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланси савдою пардохт ва дар маҷмӯъ иқтисодиёт мақомоти гумрук ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотро оид ба интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ анҷом дода, маълумоти омори тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, пешниҳод мекунанд.
Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ маълумоти омори гумрукиро оид ба тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилотҳои байналмилалӣ тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ маълумоти омори мақомоти гумрукро оид ба тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиб ва мӯҳлати муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор менамояд.
2. Омори гумрукии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш бурда мешавад.
3. Омори гумрукии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи методологияе, ки муқоисаи маълумотро оид ба тиҷорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорони тиҷорати хориҷии он таъмин менамояд, пеш бурда мешавад.
Моддаи 26. Омори гумрукии махсус
1. Мақомоти гумрук бо мақсади иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда омори гумрукии махсусро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои гумрук ба роҳ мемонанд.
2. Маълумоти омори гумрукии махсус аз ҷониби мақомоти гумрук танҳо барои мақсадҳои гумруки истифода бурда мешавад.
Моддаи 27. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки барои мақсадҳои омори истифода мешаванд
1. Барои мақсадҳои омор ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки шахсон тибқи муқаррароти ҳамин Кодекс пешниҳод мекунанд, истифода бурда мешаванд.
2. Нисбати иттилооте, ки барои мақсадҳои омор истифода мешавад, муқаррароти пешбининамудаи моддаи 9 ҳамин Кодекс татбиқ мегардад.
БОБИ 6. КИШВАРИ ИСТЕҲСОЛКАРДАИ МОЛ, НОМГӮИ МОЛҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ
Моддаи 28. Соҳаи истифодаи ҳамин боб
1. Муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол тибқи муқаррароти пешбининамудаи ҳамин боб дар ҳамаи ҳолатҳое, ки истифодаи тадбирҳои танзими тарифи гумрукӣ ва мамнӯияту маҳдудиятҳои тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ба кишвари истеҳсолкардаи мол вобаста бошад, муайян карда мешавад.
2. Қоидаҳои муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол бо мақсади татбиқи тарифҳои имтиёзнок (преференсияҳо) ё беимтиёзи сиёсати тиҷорат муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 29. Муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол
1. Кишвари истеҳсолкардаи мол кишваре ба ҳисоб меравад, ки дар он мол пурра истеҳсол шудааст (моддаи 30) ё тибқи мизони муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ё тартиби муайяннамудаи ҳамин Кодекс мавриди коркарди ҳамаҷониба қарор гирифтааст (моддаи 31). Ҳамзамон кишвари истеҳсолкардаи мол метавонад гурӯҳи кишварҳо ё иттиҳоди гумрукҳои кишварҳо ё минтақа ё қисми кишвар фаҳмида шавад, агар ин барои муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол зарур бошад.
2. Бо дархости декларант ё шахси дигари манфиатдор мақомоти гумрук оид ба муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол тибқи моддаҳои 41 - 44 ҳамин Кодекс қарори пешаки қабул менамоянд.
Моддаи 30. Моле, ки пурра дар ин кишвар истеҳсол карда шудааст
Моли пурра дар ин кишвар истеҳсолкардашуда инҳо ҳисобида мешаванд:
1) канданиҳои фоиданоке, ки аз қаъри замини ҳамин кишвар ва ҳудуди баҳрҳо ва қаъри баҳрҳои он гирифта шудаанд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
2) маҳсулоти растани, ки дар ҳамин кишвар парвариш ва ҷамъовари карда шудаанд;
3) чорвое, ки дар ҳамин кишвар тавлид ва парвариш ёфтааст;
4) маҳсулоти дар ҳамин кишвар аз чорвои дар он ҷо парваришёфта гарифта шудааст;
5) маҳсулоте, ки дар натиҷаи шикор ё моҳидори дар ҳамин кишвар гирифта шудааст;
6) маҳсулоти шикори моҳи аз баҳр ва дигар маҳсулоти моҳи, ки дар киштии баҳрии ҳамин кишвар коркард шудааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845);
7) маҳсулоте, ки дар киштиҳои коркарди баҳрии ҳамин кишвар пурра аз маҳсулоти дар банди 6 ҳамин модда зикршуда гирифта шудааст;
8) маҳсулоти аз қаъри баҳрҳо ва сарватҳои зерибаҳрӣ берун аз ҳудуди баҳрии ҳамин давлат гирифташуда, ба шарте ки ҳамин давлат барои коркарди қаъри ин баҳр ва сарватҳои зерибаҳрӣ ҳуқуқи истиснои дошта бошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845, аз 30.05.2017 № 1421);
9) шикастапораҳо ва партовҳо (ашёи дуюмдараҷа), ки дар натиҷаи истеҳсолот ё амалиёти дигар оид ба коркард дар ин ё он кишвар истеҳсол шудаанд, инчунин маҳсулоти қаблан истифодашуда, ки дар ҳамин кишвар ҷамъоварӣ гардида, танҳо барои коркарди он ба сифати ашё ба кор меояд;
10) маҳсулоти технологияҳои олӣ, ки дар объектҳои кайҳоние гирифта шудааст, ки дар фазои кайҳони қарор доранд, агар ҳамин кишвар кишвари бақайдгирии объекти дахлдори кайҳонӣ бошад;
11) моле, ки дар ҳамин кишвар маҳз аз маҳсулоти дар бандҳои 1-10 ҳамин модда зикргардида тайёр шудааст;
12) қувваи барқе, ки дар ҳудуди ҳамин кишвар истеҳсол шудааст.
13) Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012
№ 845, аз 30.05.2017
№ 1421).
Моддаи 31. Мизони (критерияҳои) коркарди кифоя
1. Агар дар истеҳсоли мол ду ё зиёда кишвар иштирок намояд, кишвари истеҳсолкардаи мол кишваре ҳисоб меёбад, ки дар он амалиёти охирини коркард ё истеҳсоли моли тибқи муқаррароти ҳамин модда ҷавобгӯи мизони коркарди дахлдор мебошад, сурат гирифтааст.
2. Агар нисбати намуди моли алоҳида ё ягон кишвар хусусиятҳои муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи моле, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст, тибқи қисми 4 ҳамин модда махсус зикр нагардад, қоидаи умуми татбиқ карда мешавад. Мол маҳсули ҳамон кишваре ба ҳисоб меравад, ки агар дар натиҷаи амалиёти коркард ё истеҳсоли мол рамзи таснифотии мол нисбати Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар сатҳи ҳама гуна чор аломати аввали он тағйир ёфта бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421,
№ 1422).
3. Сарфи назар аз муқаррароти пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, ин амалиётҳо ҷавобгӯи мизони дахлдори коркард ҳисобида намешаванд:
1) амалиёти ҳифзи мол ҳангоми нигаҳдошт ва интиқоли он;
2) амалиёти омода намудани мол барои фурӯш ва интиқол (тақсими партияи мол), ташкили ирсолот, навбандӣ, бастабандии нав);
3) амалиёти оддии сарҷамъ кардан ва амалиёти дигаре, ки иҷрои он ҳолати молро мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон куллан тағйир намедиҳад;
4) якҷоякунии моле, ки дар кишварҳои мухталиф истеҳсол шудааст, агар хусусияти маҳсулоти ниҳоӣ аз хусусияти моли якҷояшаванда фарқи калон надошта бошад.
4. Барои муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизони коркарди куллии мол низ дар чунин ҳолатҳо истифода бурда мешавад:
1) анҷом додани амалиёти муайяни истеҳсолӣ ё технологӣ барои он, ки кишвари истеҳсолкардаи мол ҳамон кишваре ҳисобида шавад, ки амалиёт дар он сурат гирифтааст;
2) тағйир додани арзиши мол, ҳангоме, ки ҳиссаи фоизии арзиши масолеҳи истифодашуда ё арзиши изофашуда ба ҳиссаи муқарраргардидаи нархи маҳсулоти ниҳоӣ баробар мешавад (қоидаи ҳиссаи адвалорӣ).
5. Ҳангоми муайян намудани тартиби татбиқи мизони коркарди дахлдори моли алоҳидае, ки аз кишварҳои барояшон тарифи имтиёзнок фароҳамовардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешавад. Бо мақсади пешниҳоди тарифи имтиёзнок Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад шартҳои истифодаи хариди мустақим ва интиқоли мустақими молро муайян намояд.
Моддаи 32. Хусусиятҳои муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол
1. Моли ба партияҳо ҷудокардашуда ё васл карданашудае, ки бинобар шароити истеҳсолӣ ё нақлиёти имконияти як партия карда фиристоданаш вуҷуд надорад, ҳамчунин моле, ки як партияаш иштибоҳан ба чанд партия тақсим карда шудааст, бо хоҳиши декларант ҳангоми муайян кардани кишвари истеҳсолкардаи мол бояд ҳамчун моли ягона, яклухт дониста шавад.
2. Шартҳои истифодаи қисми 1 ҳамин модда аз инҳо иборатанд:
1) пешаки огоҳонидани мақоми гумрук аз моли ба қисмҳо ҷудо кардашуда ё васл карданашудае, ки ё бо якчанд партия фиристода шудааст, бо зикри сабаби чунин молрасонӣ ва пешниҳоди мушаххасоти ҳар як дастаи мол бо зикри рамзи таснифотии мол мувофиқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, арзиш ва кишвари истеҳсолкардаи мол, ки ба ҳар як дастаи мол дахл дорад ё пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи иштибоҳан ба чанд даста тақсим карда шудани мол (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1422);
2) тамоми дастаи молро аз як давлат фиристодани як боррасон,
3) декларатсия кардани тамоми дастаи мол дар як мақоми гумрук,
4) ворид намудани тамоми дастаи мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлате, ки аз рӯзи декларатсияи гумрукиро қабул кардани мақоми гумрук ё ба анҷом расидани мӯҳлати пешниҳоди декларатсия кардани дастаи аввали мол бештар аз як сол набошад. Бо дархости асосноки декларант ин мӯҳлат аз ҷониби мақоми гумрук ба мӯҳлати барои ворид намудани тамоми дастаи ин мол зарурӣ дароз карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
3. Таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва асбобу анҷоме, ки барои истифодаи мошину таҷҳизот ва дастгоҳу воситаҳои нақлиёт заруранд, маҳсули ҳамон кишваре ба ҳисоб мераванд, ки мошину таҷҳизот, дастгоҳу воситаҳои нақлиёт ба онҳо марбутанд, ба шарте ки ин таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётӣ ва асбобу анҷом ҳамроҳи ҳамин мошину таҷҳизот, дастгоҳҳо ё воситаҳои нақлиёт ба миқдоре якҷоя оварда ва истифода бурда шаванд, ки маъмулан онҳоро бо ин таҷҳизот мефиристанд.
4. Бастабанде, ки дар он мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад, низ маҳсули ҳамон кишваре дониста мешавад, ки дар он мол истеҳсол шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки бастабанди мол бояд алоҳида декларатсия карда шавад. Дар ин ҳолат кишвари истеҳсоли бастабанд алоҳида аз кишвари истеҳсолкардаи мол муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Моддаи 33. Тасдиқи кишвари истеҳсолкардаи мол
1. Барои тасдиқи кишвари истеҳсолкардаи мол мақоми гумрук ҳуқуқ дорад аз ин кишвар мувофиқи ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 36 ҳамин Кодекс пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи молро талаб намояд.
2. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи мол аз ин ё он кишвар декларатсияи истеҳсоли мол (моддаи 34) ё дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификати истеҳсоли мол мебошад (моддаи 35).
Моддаи 34. Декларатсияи истеҳсоли мол
1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи мол тибқи ҳамин Кодекс метавонад декларатсияи истеҳсоли мол бошад, ки дар шакли озод таҳия шудааст, ба шарте, ки дар он маълумот оид ба муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол зикр шуда бошад. Ба сифати чунин декларатсия метавонанд ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои мансуб ба мол истифода гарданд, ки дорои маълумот оид ба кишвари истеҳсолкардаи мол буда, аз ҷониби тайёркунанда, фурӯшанда ё содиркунанда вобаста ба содир намудани мол таҳия шудаанд.
2. Агар дар декларатсияи истеҳсоли мол маълумот оид ба кишвари истеҳсолкардаи мол ба мизоне асос ёфта бошад, ки аз мизони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 30 ва 31) истифодашаванда фарқ мекунад, кишвари истеҳсолкардаи мол мувофиқи мизоне муайян карда мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мегардад.
Моддаи 35. Сертификати истеҳсоли мол
1. Сертификати истеҳсоли мол ҳуҷҷатест, ки кишвари истеҳсолкардаи молро бе чунучаро тасдиқ менамояд ва аз ҷониби мақоми ваколатдор ё ташкилотҳои ҳамин кишвар ё кишварҳои содиркунанда дода шудааст, агар дар кишвари содиркунанда сертификат дар асоси маълумоти кишвари истеҳсолкардаи мол дода шавад.
Агар дар Сертификати истеҳсоли мол маълумот оид ба кишвари истеҳсолкардаи мол ба мизоне асос ёфта бошад, ки аз мизони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 30 ва 31) истифодашаванда фарқ дорад, кишвари истеҳсолкардаи мол мувофиқи мизоне муайян карда мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мегардад.
2. Ҳангоми содир намудани мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификати истеҳсоли мол, агар сертификати мазкур мувофиқи шартҳои қарордод, мувофиқи қоидаҳои миллии кишвари воридкунандаи мол зарур бошад ё агар мавҷуд будани сертификати мазкур тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад, аз ҷониби мақомот ё ташкилоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Мақомот ва ташкилотҳое, ки сертификати истеҳсоли молро додаанд, вазифадоранд нусхаи он ва дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки дар асоси онҳо кишвари истеҳсолкардаи мол тасдиқ шудааст, дар давоми чор сол нигаҳ доранд.
3. Сертификати истеҳсоли мол ҳамзамон бо декларатсияи гумрукӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ҳангоми барасмиятдарории гумрукии моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда пешниҳод карда мешавад. Ҳангоми гум кардани сертификат нусхаи расман тасдиқшудаи он қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
4. Агар сертификати истеҳсоли мол ба таври зарурӣ ба расмият дароварда нашуда бошад (тасҳеҳшуда, ифлос, тасҳеҳоти тасдиқнашуда, имзо ва мӯҳрҳои дахлдор надорад, маълумоти дар сертификат зикршуда имконият намедиҳад муносибати он бо моли декларатсияшаванда муқаррар карда шавад, дар сертификат кишвари истеҳсолкардаи мол ё меъёрҳои, он ки дар асоси онҳо дар бораи кишвари истеҳсолкардаи мол хулоса бароварда шудааст, аниқ муайян карда нашудааст, ба шарте ки зикри ин мизон тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ бошад) ё агар муайян гардад, ки сертификат дорои маълумоти носаҳеҳ мебошад, мақоми гумрук ҳуқуқ дорад ба мақомоти салоҳиятдор ё ташкилотҳои давлатӣ, ки сертификати кишвари истеҳсолкардаи молро додаанд, бо хоҳиши пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иловагӣ ё дақиқсозандаи маълумот муроҷиат намояд.
5. Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад ба мақомоти салоҳиятдор ё ташкилотҳои кишваре, ки сертификати истеҳсоли молро додаанд, бо хоҳиши пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иловагӣ ё дақиқсозандаи маълумот, инчунин бо мақсади гузаронидани санҷиши ҷузъи муроҷиат намояд. Гузаронидани чунин санҷиш барои ба муомилот иҷозат додани мол дар асоси маълумот оид ба кишвари истеҳсолкардаи он, ки ҳангоми барасмиятдарории гумрукии он истифода шудааст, монеа шуда наметавонад.
Моддаи 36. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи мол
1. Ҳангоми воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи мол дар сурате нишон дода мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати истеҳсолкардаи чунин мол тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои тарифӣ фароҳам оварад. Дар ин ҳолат ҳуҷҷати тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи мол ҳамзамон бо пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ ба мақомоти гумрук манзур мегардад. Дар айни замон имтиёзҳои тарифии фароҳамоварда метавонанд бо зарурати пешниҳоди сертификати кишвари истеҳсолкардаи мол тибқи намунаи муайяни пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок карда шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи молро, дар ҳолатҳои алоҳида танҳо ҳангоми муайян намудани носаҳеҳии маълумоти зикргардида оид ба кишвари истеҳсолкардаи мол, ки барои татбиқи меъёри боҷи гумрукӣ ва андоз ва (ё) мамнӯият ва маҳдудиятҳои тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таъсир мерасонанд, талаб намоянд.
2. Сарфи назар аз муқаррароти пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи мол дар ҳолатҳои зайл талаб карда намешавад:
1) агар моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ба низоми гумрукии байналмилалии транзит ё низоми гумрукии воридоти муваққатӣ бо пешниҳоди пурра озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз манзур шуда бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки мақомоти гумрук нишонаҳоеро ошкор намудаанд, ки кишвари истеҳсолкардаи мол давлате мебошад, ки воридоти молаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё транзити он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421);
2) агар арзиши умумии моли аз сарҳади гумруки интиқолшаванда, ки дар як вақт ва бо як усул, аз тарафи як интиқолдиҳанда ба номи як қабулкунанда, дар як воситаи нақлиёт, бо як борхати молу нақлиёт фиристодашуда, то 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар бошад (Конун аз 06.10.2008с.
№ 437);
3) агар мол аз сарҳади гумрукӣ аз ҷониби шахси воқеӣ тибқи боби 37 ҳамин Кодекс интиқол дода шавад;
4) дар ҳолатҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
Моддаи 37. Шартҳои иловагии иҷозати мол ҳангоми муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи он
1. Дар ҳолатҳои мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи мол ё ҳангоми ошкор шудани нишонаҳои он ки ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда дуруст ба расмият дароварда нашудаанд ва (ё) дорои маълумоти носаҳеҳ мебошанд, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи кишвари истеҳсолкардаи мол ё дақиқкунандаи маълумот:
1) агар мақомоти гумрук нишонаҳоеро ошкор намуда бошанд, ки кишвари истеҳсолкардаи мол кишварест, ки муносибати тиҷоратию сиёсӣ бо он низоми мусоидаткунандаи миллиро пешбинӣ наменамояд ё пардохти боҷҳои гумрукӣ аз рӯи меъёрҳои зикргардида пешниҳод карда мешавад боҷҳои гумрукии мол бояд аз рӯи меъёрҳое пардохта шаванд, ки онҳо нисбати моли кишваре истифода мешаванд, ки муносибатҳои тиҷоратию сиёсӣ бо онҳо низоми нисбатан мусоидаткунандаи миллиро пешбинӣ накардаанд;
2) агар мақоми гумрук нишонаҳои онро ошкор намояд, ки кишвари истеҳсолкардаи мол давлатест, ки нисбати воридоти моли он тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият муқаррар карда шудааст, барои муомилоти мол ба шарти аз ҷониби декларант пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳое иҷозат дода мешавад, ки риоя гардидани маҳдудиятҳои муқарраршуда ё таъмини пардохти боҷҳои зиддидемпингӣ ё ҷуброниро тасдиқ намояд;
3) агар мақоми гумрук нишонаҳоеро ошкор кунад, ки кишвари истеҳсолкардаи мол кишваре буда метавонад, ки воридоти моли он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, дар ин ҳолат барои муомилоти мол иҷозат дода намешавад.
2. Нисбати моли дар банди 1) қисми 1 моддаи мазкур зикршуда низоми имтиёзнок ё низоми нисбатан мусоидаткунандаи миллӣ ба шарте татбиқ (барқарор) карда мешавад, ки агар кишвари истеҳсолкардаи моли мазкур дар муддати то як сол аз рӯзи аз ҷониби мақоми гумрук қабул намудани декларатсияи гумрукӣ тасдиқ шавад. Дар ин ҳолат маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андозҳои пардохтшуда мувофиқи моддаи 397 ҳамин Кодекс баргардонида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906).
Моддаи 38. Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
1. Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти амалияи байналмилалии системаи таснифоти қабулгардидаи мол тасдиқ карда мешавад.
2. Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ барои андешидани тадбири танзими гумрукию тарифӣ ва ғайритарифӣ, инчунин намудҳои дигари фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, пешбурди омори гумрукии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад.
Моддаи 39. Пешбурди Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷиро пеш мебарад.
Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ:
1) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар созмонҳои байналмилалӣ дар бобати таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо, тафсир ва татбиқи асосҳои байналмилалии Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ намояндагӣ мекунад;
2) ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба асосҳои байналмилалии Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, тавзеҳи байналмилалии онҳо ва қарорҳо оид ба тафсири ин асосҳо назорат менамояд;
3) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мутобиқгардонии Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷи ба асосҳои байналмилалии он пешниҳод манзур медорад;
4) бо мақомоти давлатии манфиатдор ҷиҳати таҳия ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ пешниҳодот тартиб медиҳад;
5) нусхаи назоратии Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷиро таҳия намуда, ҳамзамон ба талабот нигоҳ медорад;
6) нашри Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ тавзеҳи байналмилалӣ ва қарорҳо оид ба тафсири асосҳои байналмилалиро таъмин менамояд, аз ҷумла дар сомонаи расмии интернетии худ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1678);
7) қарорҳои иҷрояшон ҳатмиро оид ба таснифоти моли алоҳида таҳия, тасдиқ ва нашр менамояд, аз ҷумла дар сомонаи расмии интернетии худ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1678);
8) вазифаҳои дигареро, ки барои пешбурди Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ заруранд, ба ҷо меоварад.
Моддаи 40. Таснифоти (классификатсияи) мол
1. Мол ҳангоми декларатсиякунонӣ дар мақомоти гумрук (боби 14) бояд мавриди таснифот қарор гирад, яъне нисбати мол тибқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ рамзи таснифотӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1422).
2. Мувофиқи дархости декларант мақомоти гумрук оид ба таснифи мол мувофиқи моддаҳои 41-44 ҳамин Кодекс пешакӣ қарор қабул менамоянд.
3. Дар ҳолатҳои муайян намудани вайронкунии қоидаҳои таснифи мол ҳангоми декларатсиякунони мақоми гумрук ҳуқуқ дорад молро мустақилона тасниф намояд.
4. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар хусуси таснифи намудҳои алоҳидаи мол қарорҳ қабул карда, нашри онҳоро таъмин менамояд, аз ҷумла дар сомонаи расмии интернетии худ(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1678).
5. Қарорҳои мақомоти гумрук дар хусуси таснифи мол ҳатмӣ мебошанд. Декларант ҳуқуқ дорад нисбати чунин қарорҳо мувофиқи боби 7 ҳамин Кодекс шикоят намояд.
6. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ташаккули махзани маълумотро оид ба қарорҳо дар бораи таснифоти мол таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1678).
Моддаи 41. Қабули қарори пешакӣ
1. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва мақомоти гумрукӣ, ки аз ҷониби он муайян карда мешаванд, тибқи дархости шахси манфиатдор мувофиқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар бораи таснифоти мол нисбати моли мушаххас, дар бораи истеҳсоли мол аз кишвари мушаххас (кишвари истеҳсолкардаи мол) қарори пешакӣ қабул менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012
№ 845).
2. Шакл ва тартиби қабули қарори пешакӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад.
3. Қарорҳои пешакӣ, ба истиснои маълумоти дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ, андоз ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, инчунин маълумоти дигари махфӣ (конфиденсиалӣ), ки ба шахси манфиатдор дахл дорад, дар сомонаи расмии интернетии мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дарҷ карда мешаванд(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1678).
Моддаи 42. Дархост дар бораи қабули қарори пешакӣ
1. Шахсе, ки ба қабули қарори пешакӣ манфиатдор аст, ба мақоми дахлдори гумрук нисбати қабули қарори пешакӣ дархостнома ирсол менамояд.
Ин дархостнома бояд барои қабули қарори пешакӣ дорои ҳамаи маълумоти зарури бошад. Ба дархостнома бояд чошнӣ ва (ё) намунаи молҳо, номгӯйи тиҷоратӣ, номгӯйи истеҳсолкунандаи мол, тафсиру сурат, тасвир, нақша, ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ, техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо замима карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1678).
Дархостнома дар бораи қабули қарори пешакӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" баррасӣ мегардад.
2. Агар маълумоти дар дархостномаи қабули қарори пешакӣ зикрнамудаи муроҷиаткунанда барои қабули қарори пешакӣ нокифоя бошад, мақоми гумрук дар давоми 30 рӯз аз санаи гирифтани чунин дархостнома муроҷиаткунандаро оид ба зарурати пешниҳоди маълумоти иловагӣ огоҳ менамояд ва мӯҳлати пешниҳоди онро муқаррар мекунад, ки ин мӯҳлат набояд аз 30 рӯз зиёд бошад. Ҳангоми дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод накардани маълумоти иловагӣ, дархостнома дар бораи қабули қарори пешакӣ рад карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906).
Дархостнома дар бораи қабули қарори пешакӣ дар он сурат рад карда мешавад, агар дар ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида ва маълумоти иловагие, ки бо дархости мақоми гумрукии баррасикунандаи дархостнома дар бораи қабули қарори пешакӣ пешниҳод шудааст, маълумоти бо ҳам мухолиф ҷой дошта бошад.
Рад намудани дархостномаи қабули қарори пешакӣ ба муроҷиати такрории муроҷиаткунанда, ки қабули қарори пешакиро дархост кардааст, монеа намегардад, ба шарти бартараф кардани омилҳое, ки боиси раддияи дархостномаи мазкур гардида буданд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1678, аз 19.07.2022
№ 1906).
Моддаи 43. Моҳияти ҳуқуқӣ ва мӯҳлати амалӣ қарори пешакӣ
Қарори пешакӣ барои ҳамаи мақомоти гумрук ҳатмӣ мебошад. Қарори пешакӣ аз рӯзи қабул гардиданаш ба мӯҳлати 3 сол амал мекунад, ба шарте, ки он тағйир наёфта ё бозхонд нашуда ё амалӣ он тибқи моддаи 44 ҳамин Кодекс қатъ нашуда бошад.
Моддаи 44. Қатъи амал, тағйир додан ё бозхондани Қарори пешакӣ
1. Мақомоти гумрук метавонанд дар бораи қатъи амали қарори пешакӣ, тағйир додан ё бозхондани қарори пешакии қабулнамудаи худ ё мақомоти поёнии гумрук (тағйир додан ё бозхондани қарори пешакӣ, ки худашон ё мақомоти поёнии гумрук қабул кардаанд) танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи ҳамин модда қарор қабул кунанд.
Қарор дар бораи қатъи амал, тағйир додан ва бозхондани қарори пешакӣ ба шахсе, ки барояш қарори пешакӣ дода шудааст, дар шакли хаттӣ, дар рӯзи дигари қабул гардидани қарор дар бораи қатъи амал, тағйир додан ё бозхондани қарори пешакӣ фиристода мешавад.
2. Агар қарор дар бораи амали қарори пешакӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои қалбакии пешниҳоднамудаи муроҷиаткунанда қабул шуда бошад, он бекор карда мешавад. Қарор дар бораи қатъи амали қарори пешакӣ аз рӯзи қабули қарори пешакӣ эътибори қонуни пайдо мекунад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906).
3. Қарори пешакӣ дар сурати тағйир ёфтани Номгӯйи молии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ё ошкор гаштани хатоҳое, ки зимни қабули қарори пешакӣ роҳ дода шудаанд, тағйир дода мешавад.
Тағйирот дар мӯҳлати дар қарори тағйир додани қарори пешакӣ зикршуда, аммо на камтар аз 3 моҳи баъди рӯзи қабули қарор дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори пешакӣ эътибор пайдо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1678).
4. Қабули қарори пешакӣ метавонад дар ҳолатҳои зайл бозхонда шавад:
1) ҳангоми тағйирёбии Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии гумрукӣ қабул шудани қарорҳои таснифотие, ки барои татбиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошанд;
2) агар тибқи созишномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба масъалаҳои муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол тартиб ва шартҳои дигари муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол муқаррар карда шуда бошанд.
Қарор дар бораи бозхонди қарори пешакӣ бояд дар давоми 3 рӯзи баъди интишори расмии санадҳои номбаршуда қабул гардад ва ҳамзамон бо он эътибори қонуни пайдо мекунад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1678).
5. Қарор дар бораи тағйир додан ё бекор кардани қарори пешакӣ оид ба муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол метавонад аз ҷониби суд аз нав баррасӣ гардад.
БОБИ 7. ШИКОЯТ АЗ ҚАРОР, АМАЛИ (БЕАМАЛИИ) МАҚОМОТИ ГУМРУК ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ ОНҲО
Моддаи 45. Ҳуқуқ барои шикоят
Ҳар шахс ҳуқуқ дорад нисбати қарор, амали (беамалии) мақомоти гумрук ё шахсони мансабдори онҳо шикоят намояд, ба шарте, ки бо чунин қарор, амал (беамали) ба ақидаи ин шахс, ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии ӯ поймол карда ё барои амалӣ гаштани онҳо монеаҳо эҷод шуда ё ғайриқонунӣ ба зиммаи ӯ ӯҳдадории нав гузошта шуда бошад.
Моддаи 46. Тартиби пешниҳоди шикоят
1. Аз қарор, амалӣ (беамалии) мақомоти гумрук ё шахсони мансабдори онҳо ба мақомоти гумрук, прокуратура ва (ё) суд шикоят кардан мумкин аст.
Пешниҳоди шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахсони мансабдори онҳо ба мақомоти гумрук имконияти ҳамзамон ё минбаъд ба прокуратура ё суд пешниҳод намудани шикоятномаи дорои ҳамин мазмунро истисно наменамояд. Шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақомоти гумрук ва шахсони мансабдори онҳо, ки ба мақомоти гумрук, прокуратура ё суд ирсол шудааст, аз ҷониби ҳамин мақомот баррасӣ мегардад.
2. Тартиби пешниҳоди шикоят, тартиби баррасӣ ва тартиби ҳалли шикоятӣ ба прокуратура ва суд фиристодашавандаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
3. Тартиби пешниҳоди шикоят, баррасӣ ва ҳалли шикояте, ки ба мақомоти гумрук нисбати қарор, амали (беамалии) мақомоти гумрук ё шахсони мансабдори онҳо ирсол шудааст, тибқи ҳамин боб муқаррар гардида, ҳангоми шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақомоти гумрук ва шахсони мансабдори он истифода бурда мешавад, ба истиснои қарорҳои мақомоти гумрук (шахсони мансабдори мақомоти гумрук) нисбати парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ.
Моддаи 47. Тартиби пешниҳоди шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахсони мансабдори он ба мақомоти гумрук
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012
№ 845)
1. Нисбати қарор, амали (беамалии) мақомоти гумрук ба мақоми болоии гумрук шикоят карда мешавад.
Шикоят нисбати амали (беамалии) шахси мансабдори мақоми гумрук ба мақоми гумрукие, ки ин шахс хизматро адо мекунад (вазифаи давлатиро ишғол менамояд) ва агар нисбати қарори амали (беамалии) сардори мақоми гумрук бошад, ба мақоми болоии гумрук арз карда мешавад.
Шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он метавонад мустақиман ба мақоми болоии гумрук, инчунин тавассути мақоми гумруке, ки нисбати қарор, амали (беамалии) он ё сардори он шикоят пешниҳод шудааст, дода шавад.
2. Мақоми гумрук, ки нисбати қарор, амали (беамалии) он ё сардори он шикоят пешниҳод шудааст, онро бо маводи тасдиқкунанда ба мақоми болоии гумрук дар давоми 5 рӯзи ворид шуданаш ирсол менамояд.
Агар мақоми гумруке, ки нисбати қарор, амали (беамалии) мақомоти гумрук ва шахсони мансабдори онҳо шикоят гирифтааст, ҳуқуқи баррасиро надошта бошад, вазифадор аст дар мӯҳлати 5 рӯз онро ба мақоми гумруке фиристад, ки бояд мувофиқи ҳамин модда шикоятро баррасӣ намояд ва дар ин бора шахси шикоятнамударо ба таври хаттӣ огоҳ созад.
3. Шикоят нисбат ба қарор, амали (беамалии) мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба ҳамин мақом пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012
№ 845).
Моддаи 48. Мӯҳлати пешниҳоди шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он
1. Шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он метавонад дар муҳлати як моҳ дар ҳолатҳои зерин пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906):
1) аз рӯзе, ки шахс дар бораи поймол гардидани ҳуқуқ, озодӣ ё манфиатҳои қонунӣ, гузоштани маҳдудият ҷиҳати амалӣ намудани онҳо ё ғайриқонунӣ ба зиммаи вай гузоштани ӯҳдадориҳо огоҳ шудааст ё бояд огоҳ мегардид;
2) аз рӯзи гузаштани мӯҳлати муқарраршуда барои қабули қарор ё иҷрои амал аз ҷониби мақоми гумрук ё шахси мансабдори он, ки қабул ва иҷрои амал мувофиқи ҳамин Кодекс пешбини шудааст.
2. Шикоят нисбати қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ метавонад дар мӯҳлати даҳ шабонарӯз аз лаҳзаи супорида шудани нусхаи қарор ё гирифтани он пешниҳод карда шавад ва бо тартиби муайяннамудаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906).
Моддаи 49. Барқарор намудани мӯҳлати пешниҳоди шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахси мансабдори он
1. Ҳангоми гузаронидани мӯҳлати пешниҳоди шикоят бо сабабҳои узрнок он метавонад тибқи аризаи шахси нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он бо шикоят муроҷиатнамуда аз ҷониби мақоми гумруки ваколатдори баррасии чунин шикоят барқарор карда шавад.
2. Мӯҳлати гузаронидашудаи шикоят ҳангоми воқеан барои баррасӣ қабул намудани шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахсони мансабдори он барқароршуда ҳисоб меёбад.
Моддаи 50. Шакл ва мазмуни шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахсони мансабдори он
1. Шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахси мансабдори он дар шакли хаттӣ супорида мешавад ва бояд аз ҷониби муроҷиаткунанда имзо карда шавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906).
2. Шахсе, ки бо шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахси мансабдори он муроҷиат намудааст, метавонад ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳолатҳои дар шикоят зикршударо пешкаш нанамояд. Агар пешниҳоди чунин ҳуҷҷатҳо барои баррасии шикояти мазкур дорои аҳамияти калон бошад ва ин ҳуҷҷатҳо дар мақоми гумруке, ки нисбати қарор, амали (беамалии) он ва шахси мансабдори он шикоят шудааст, мавҷуд набошад, мақоми гумруки баррасикунандаи шикояти мазкур ҳуқуқ дорад онҳоро аз шахси шикоятнамуда талаб кунад. Дар ин ҳолат мӯҳлати баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахси мансабдори он то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои талабнамудаи мақоми гумрук, вале на бештар аз 3 моҳ боздошта мешавад. Ҳангоми аз ҷониби шахс пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳои талабнамудаи мақоми гумрук қарор нисбати шикояти мазкур бе назардошти далелҳое, ки барои тасдиқи онҳо ҳуҷҷатҳо пешниҳод нашудаанд, қабул карда мешавад.
Моддаи 51. Оқибати пешниҳоди шикоят нисбати қарор, амали мақоми гумрук ё шахси мансабдори он
1. Пешниҳоди шикоят нисбати қарор, амали мақоми гумрук ва шахси мансабдори он иҷрои қарор ва амали таҳти шикоят қарордоштаро бознамедорад.
2. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳои кофи барои гумони он, ки шикоят нисбати қарор ё амал мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нест, инчунин дар ҳолате, ки агар бознадоштани иҷрои қарор, амал метавонад хусусияти бебозгашт дошта бошад, мақоми гумруки баррасикунандаи шикоят ҳуқуқ дорад иҷрои қарор ва (ё) амали шикоятшавандаро то қабули қарор вобаста ба моҳияти шикоят пурра ё қисман боздорад.
Моддаи 52. Асосҳо барои моҳиятан рад намудани баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахси мансабдори он
1. Агар мӯҳлати муқарраргардидаи пешниҳоди шикоят риоя нашуда бошад ва шахс дар бораи барқарор намудани мӯҳлати гузаронидаи пешниҳоди шикоят бо ариза муроҷиат накарда бошад ё худ аризаи барқароркунии мӯҳлати гузашта барои шикоят рад карда шуда бошад, мақоми гумрук метавонад баррасии шикоятро нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва ё шахси мансабдори он моҳиятан рад намояд.
2. Қарор ҳангоми моҳиятан рад намудани баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахси мансабдори он бояд дар давоми 3 рӯзи воридшавии шикояти мазкур қабул карда шавад.
3. Оид ба қарори мақомоти гумрук дар бораи моҳиятан рад намудани баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ва шахси мансабдори он ба мақоми болоии гумрук ё суд шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 53. Бозхонди шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он
1. Шахсе, ки нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он бо шикоят муроҷиат кардааст, метавонад то қабули қарор оид ба шикоят дар ҳама ҳолат шикояти худро бозхонад.
2. Шикояти такрорӣ оид ба ҳамин масъала метавонад дар доираи мӯҳлати муқаррарнамудаи моддаи 48 ҳамин Кодекс пешниҳод карда шавад.
Моддаи 54. Мақоми гумруке, ки шикоятро нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он баррасӣ менамояд
1. Шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук аз ҷониби мақоми болоии гумрук баррасӣ карда мешавад.
2. Шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори мақоми гумрук аз ҷониби мақоми гумруке, ки ин шахс дар он хизмат менамояд (вазифаи давлатиро ишғол менамояд) ва шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) сардори мақоми гумрук аз ҷониби мақоми болоии гумрук барраӣ карда мешавад.
3. Аз номи мақоми гумрук қарор дар бораи шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори онро сардори ҳамин мақоми гумрук ё шахси мансабдори аз ҷониби он ваколатдоршуда қабул менамояд. Ҳамзамон шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он наметавонад аз ҷониби шахси мансабдоре, ки қарори таҳти шикоят қарордоштаро қабул кардааст, амали (беамалии) таҳти шикоят қарордоштаро анҷом додааст ё шахсе, ки нисбат ба мансаби ишғолнамудаи он поёнтар қарор дорад, баррасӣ гардад.
Моддаи 55. Мӯҳлати баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он
Шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он бояд аз ҷониби мақоми гумрук дар давоми як моҳ аз рӯзи воридшавӣ ва дар ҳолатҳое, ки омӯзиш ва тафтиши иловагӣ талаб карда намешавад - дар давоми на зиёда аз 15 рӯз баррасӣ гардад.
Агар барои баррасии шикоят гузаронидани тафтиши махсус, дархости ҳуҷҷатҳои иловагӣ ё худ қабули дигар чораҳо тақозо гардад, сардори мақоми гумруки баррасикунандаи шикоят метавонад мӯҳлати ҳаллӣ шикоятро на бештар аз як моҳ тамдид намояд ва дар ин бора ба муроҷиаткунанда хаттӣ, бо зикри сабаби тамдид хабар диҳад. Мӯҳлати умумии баррасии шикоят набояд аз ду моҳ зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906).
Моддаи 56. Қарори мақомоти гумрук оид ба шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он
1. Амал ҷиҳати татбиқи қарори мақоми гумрук дар бораи қонеъ намудани шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук, шахси мансабдори он бояд аз ҷониби мақомоти гумрук, ки қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук, шахси мансабдори он ғайриқонунӣ дониста шудааст, дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи ворид шудани ин қарор ба ин мақомот анҷом дода шавад, агар дар қарори мазкур мӯҳлати дигаре муайян нашуда бошад.
Зараре, ки ба муроҷиаткунанда дар натиҷаи сари вақт иҷро накардани қарор расонида шудааст, мувофиқи моддаи 472 ҳамин Кодекс ҷуброн карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906).
2. Шахси мансабдори мақоми гумрук, ки шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори онро аз номи мақоми гумрук баррасӣ менамояд, ҳангоми ошкор намудани нишонаҳои гуноҳи шахси мансабдори мақомоти гумрук ё иҷрои номатлуби вазифаҳои ба зиммаи шахси мансабдори мақоми гумрук гузошташуда барои ҷалби ин шахси мансабдор ба ҷавобгарии интизоми тибқи тартиби муқарраргардида тадбирҳо меандешад.
3. Нусхаи қароре, ки оид ба баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он қабул гардидааст, ба шахси бо шикоят муроҷиаткарда дар доираи мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи моддаи 55 ҳамин Кодекс фиристода мешавад. Дар қарор далелу асосҳои қабули он, инчунин маълумот дар бораи ҳуқуқи шахси бо шикоят муроҷиатнамуда ба овардани шикояти минбаъда нисбат ба қарори мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд нишон дода шавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012
№ 845).
4. Оид ба қарори мақоми гумрук нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он ба мақоми болоии гумрук ё ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 57. Тартиби соддагардонидашудаи шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори мақоми гумрук
1. Тибқи тартиби соддагардонидашуда нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори гумрук ё дидбонгоҳи гумрукӣ вобаста ба интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ, ки арзиши он аз 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар намебошад, шикоят кардан мумкин аст (Конун аз 06.10.2008с.
№ 437).
2. Тартиби соддагардонидашудаи шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори гумрук аз шикояти шифоҳии шахс мувофиқан ба шахси мансабдори мақоми болоии гумрук ё дидбонгоҳи гумрукӣ ва дар сурати шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) сардори дидбонгоҳи гумрук - ба сардори гумрук, ки дар минтақаи фаъолияти он чунин дидбонгоҳи гумрук қарор дорад, иборат мебошад.
3. Баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори гумрук ба тартиби соддагардонидашуда бетаъхир анҷом дода шуда, қарор нисбати он фавран қабул карда мешавад.
4. Ҳангоми шикоят тибқи тартиби соддагардонидашуда бо хоҳиши шахси нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори мақоми гумрук бо шикоят муроҷиатнамуда шахси мансабдори мақоми гумрук, ки ин шикоятро баррасӣ менамояд, дар бораи баррасии шикоят тибқи тартиби соддагардонидашуда санад таҳия менамояд, ки он дар бораи шахси мансабдори баррасикунандаи шикоят, шахси бо шикоят муроҷиатнамуда, мазмуни мухтасари шикоят ва қарори қабулшуда маълумотро дар бар мегирад. Ҳангоми рад кардани баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори мақоми гумрук тибқи тартиби соддагардонидашуда дар ҳамин санад сабабҳои чунин рад нишон дода мешавад. Шакли санадро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд. санади баррасии шикоятро нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори мақоми гумрук бо тартиби соддагардонидашуда шахси мансабдори мақоми гумрук, ки шикоятро баррасӣ намудааст ва шахсе, ки бо шикоят муроҷиат кардааст имзо мегузоранд. Нусхаи санад дар бораи баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори мақоми гумрук тибқи тартиби соддагардонидашуда ба шахси бо шикоят муроҷиатнамуда супорида мешавад.
5. Баррасии шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) шахси мансабдори мақоми гумрук тибқи тартиби соддагардонидашуда ва қабули қарор барои шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он тибқи тартиби умумӣ монеъ шуда наметавонад.
ФАСЛИ II. РАСМИЁТИ ГУМРУКӢ
ЗЕРФАСЛИ 1. БАРАСМИЯТДАРОРИИ ГУМРУКӢ
БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ АСОСИИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ ГУМРУКӢ
Моддаи 58. Доираи истифодаи ҳамин боб
Муқаррароти ҳамин боб ҳамаи амалиёти гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёти аз сарҳади гумрукӣ интиқолшавандаро дар бар мегирад.
Моддаи 59. Тартиби барасмиятдарории гумрукӣ
1. Барасмиятдарории гумруки тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он қабул гардидаанд, анҷом дода мешавад.
2. Талаботи мақомоти гумрук ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ бояд асоснок ва тибқи талаботи муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва зарурияти таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шаванд.
3. Тартиб ва технологияи барасмиятдарории гумрукӣ вобаста ба намуди моли аз сарҳади гумрукӣ интиқолшаванда, навъи нақлиёти барои чунин интиқол истифодашаванда, гурӯҳи шахсони интиқолдиҳандаи мол ва воситаҳои нақлиёт муқаррар карда мешавад.
4. Амалиёти гумрукӣ сарфи назар аз кишвари истеҳсолкардаи мол, давлати ирсолкунанда ва таъиноти мол баробар татбиқ мешавад.
Моддаи 60. Оғоз ва анҷоми барасмиятдарории гумрукӣ
1. Барасмиятдарори гумрукии мол чунин оғоз меёбад:
1) ҳангоми воридоти мол - дар лаҳзаи пешниҳоди декларатсияи қаблии гумрукӣ ба мақоми гумрук ё ҳуҷҷатҳо тибқи моддаи 72 ҳамин Кодекс (вобаста ба он, ки кадом амал аввал анҷом дода мешавад) ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс бошад, аризаи шифоҳӣ ё анҷоми амалҳои дигаре, ки дар бораи нияти шахс ҷиҳати барасмиятдарории гумрукӣ гувоҳӣ медиҳанд;
2) ҳангоми содироти мол - дар лаҳзаи пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс бошад, - аризаи шифоҳӣ ё анҷоми амалҳои дигаре, ки дар бораи нияти шахс ҷиҳати барасмиятдарории гумрукӣ гувоҳӣ медиҳад.
2. Барасмиятдарории гумрукӣ бо иҷрои амалиёти гумрукӣ, ки тибқи ҳамин Кодекс барои нисбати мол қабул намудани расмиёти гумрукӣ, ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукӣ ё анҷом додани амали ин низом, агар ин низоми гумрукӣ дар мӯҳлати муайян амал намояд, ичунин барои ҳисоб ва пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз заруранд, хотима меёбад.
Моддаи 61. Иҷозати мақоми гумрук барои анҷом додани амалиёти гумрукӣ
1. Агар барои анҷом додани амалиёти гумрукии алоҳида иҷозати мақоми гумрук зарур бошад, чунин иҷозат бетаъхир, баъди он, ки шахси мансабдори ваколатдори мақоми гумрук итминон пайдо намояд, ки шартҳои зарурии муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс барои гирифтани чунин иҷозат иҷро шудаанд, дар мӯҳлати на дертар аз санҷиши декларатсияи гумрукӣ, ҳуҷҷатҳои дигар ва санҷиши мол (қисми 1 моддаи 400) дода мешавад.
Агар санҷиши риояи шартҳои додани иҷозат баъди додани он тавонад бе зарар барои назорати гумрукӣ анҷом пазирад ва агар ҳангоми минбаъд ошкор намудани риоя нашудани чунин шарт вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонад бартараф гардад, иҷозат то гузаронидани санҷиш дода мешавад.
2. Агар дар ҳамин Кодекс пешбинӣ шуда бошад, ки иҷозат аз ҷониби мақоми гумрук дар шакли хаттӣ дода мешавад, тартиби додани чунин иҷозат ва шакли онро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар менамояд.
3. Иҷозати мақоми гумрук инчунин аз ҷониби мақоми гумрук анҷом додани амалҳои дигар низ ба ҳисоб меравад.
Моддаи 62. Маҳал ва вақти барасмиятдарории гумрукии мол
1. Барасмиятдарории гумрукии мол дар маҳалҳои ҷойгиршавии мақомоти гумрук дар вақти кори ин мақомот анҷом дода мешавад.
2. Бо дархости асосноки декларант ё шахси дигари манфиатдор амалиёти алоҳидаи гумрукӣ ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ метавонад берун аз маҳали ҷойгширшавӣ ва берун аз вақти кори мақомоти гумрук тибқи моддаҳои 465 ва 466 ҳамин Кодекс анҷом дода шаванд.
Моддаи 63. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки барои барасмиятдарории гумрукӣ заруранд
1. Барои барасмиятдарории гумрукӣ шахсони дар ҳамин Кодекс муайянгардида бояд ба мақомоти гумрук ҳуҷҷатҳо ва маълумоти барои барасмиятдарории гумрукӣ заруриро пешниҳод намоянд.
Мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ пешниҳоди танҳо ҳамон ҳуҷҷатҳо ва маълумотеро талаб намоянд, ки барои таъмини риояи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон заруранд ва пешниҳоди онҳо тибқи ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст.
2. Номгӯи ҳуҷҷатҳо ва маълумот, талабот нисбати маълумоте, ки барои барасмиятдарории гумрукӣ нисбати расмиёти мушаххаси гумрукӣ ва низомҳои гумрукӣ заруранд, аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тибқи ҳамин Кодекс муайян карда мешавад. Ҳамзамон мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуқуқ дорад номгӯи маълумот ва ҳуҷҷатҳои барои барасмиятдарории гумрукӣ заруриро бо назардошти гурӯҳи шахсони интиқолдиҳандаи мол ва воситаҳои нақлиёт, навъи мол, мақсади истифодаи мол, талаботи низомҳои гумрукӣ ё навъи нақлиёте, ки барои интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ истифода мешавад, ихтисор намояд. Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷатҳо ва маълумоти зарурӣ барои барасмиятдарории гумрукӣ, агар ҳамин Кодекс тартиби дигаре муайян накарда бошад, аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.
3. Номгӯи ҳуҷҷатҳо ва маълумоти барои барасмиятдарории гумрукӣ зарурӣ бояд расман интишор карда, аз ҷумла дар сомонаи расмии интернетии мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ шаванд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ, ки номгӯи ҳуҷҷатҳо ва маълумоти барои барасмиятдарории гумрукӣ заруриро муайян менамояд, мутобиқи моддаи 4 ҳамин Кодекс эътибори қонунӣ пайдо мекунад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1678).
4. Агар ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошанд, шакли ҳуҷҷатҳои гумрукиро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян мекунад.
5. Бо мақсади соддагардонӣ ва суръатбахшии барасмиятдарории гумрукӣ мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо мақомоти гумрукии давлатҳои хориҷӣ дар бораи эътирофи муштараки ҳуҷҷатҳои барои мақсадҳои гумрукӣ истифодашаванда созишнома ба имзо мерасонад.
6. Мақомоти гумрук ҳуқуқ надоранд қабули ҳуҷҷатҳои барои барасмиятдарории гумрукӣ заруриро аз сабаби дар онҳо мавҷуд будани маълумоти носаҳеҳ, ки ба муайян намудани андозаи пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ба қабули қарори мақомоти гумрук нисбати мамнӯият ва маҳдудиятҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир намерасонад, рад намоянд. Ҳангоми радди мақоми гумрук ҷиҳати қабули ҳуҷҷатҳои зикршуда ин мақом шахси пешниҳоднамудаи ҳуҷҷатҳоро дар бораи сабабҳои рад огоҳ менамояд. Бо дархости ҳамин шахс мақоми гумрук огоҳии мазкурро дар шакли хаттӣ пешниҳод менамояд.
7. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои барасмиятдарории гумрукӣ метавонанд дар шакли асл ё нусха пешниҳод карда шаванд, ки онҳоро шахси пешниҳоднамуда, декларант ё мақоми ваколатдоре, ки чунин ҳуҷҷатро додааст, тасдиқ намудаанд ё ба таври нотариалӣ тасдиқ шудаанд. Ҳангоми пешниҳоди нусхаи ҳуҷҷатҳои мазкур, ки шахси пешниҳоднамуда ё декларант тасдиқ кардааст, мақоми гумрук тибқи зарурат мувофиқати нусхаи чунин ҳуҷҷатҳоро бо асли онҳо муқоиса менамояд, сипас нусхаи асли ин ҳуҷҷатҳо ба шахси пешниҳоднамуда баргардонида мешавад.
8. Ҳуҷҷатҳои барои барасмиятдарории гумрукӣ зарурӣ метавонанд тибқи ҳамин Кодекс дар шакли ҳуҷҷатҳои электронӣ пешниҳод карда шаванд.
Моддаи 64. Иштироки шахсони манфиатдор ва намояндагони онҳо ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ
Шахсони манфиатдор ё намояндагони онҳо ҳуқуқ доранд ва бо талаботи мақомоти гумрук вазифадоранд ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ иштирок намоянд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012
№ 845).
Моддаи 65. Забони барасмиятдарории гумрукӣ
Барасмиятдарории гумрукӣ, аз ҷумла пур кардани ҳуҷҷатҳои барои барасмиятдарории гумрукӣ зарурӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, бо забони давлатӣ ё забони муоширати байни миллатҳо анҷом дода мешавад. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуқуқ дорад ҳолатҳои дигареро муайян намояд, ки мақомоти гумрук барои мақсадҳои гумрукӣ метавонанд ҳуҷҷатҳо ва маълумотро бо забонҳои хориҷие, ки шахсони мансабдори гумрукӣ ин забонро медонанд, қабул кунанд.
Моддаи 66. Барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати дигар мақомоти давлатӣ
Барасмиятдарори танҳо баъди анҷом додани назорати давлатии санитарию карантинӣ, карантинию фитосанитарӣ, байторӣ ва намудҳои дигари назорати давлатии воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё содироти онҳо аз ин ҳудуд сурат гирад, агар мол тибқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти муқаррароти пешбининамудаи қисми 3 моддаи 77 ҳамин Кодекс бояд ҳатман мавриди чунин назорат қарор гиранд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 67. Тартиби дар навбати аввал барасмиятдарории гумрукӣ
Ҳангоми ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз ҳудуди он содир намудани моле, ки барои рафъи оқибати офатҳои табиӣ, садамаҳо ва фалокат заруранд, инчунин моли зудвайроншаванда, ҳайвоноти зинда, маводи радиоактивӣ, муросилоти байналмилалии почта, бори экпресс, иттилоот ва маводи дигар барои воситаҳои ахбори омма, маводи барои мақомоти олии ҳокимият таъингардида ва дигар моли шабеҳ, ҳамчунин нисбати моле, ки аз сарҳади гумрукӣ танзимгари ваколатдори иқтисодӣ интиқол медиҳад, барасмиятдарории гумрукии онҳо ба таври соддагардонидашуда ва дар навбати аввал анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421, аз 2.01.2020 № 1678).
Моддаи 68. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678)
БОБИ 8(1). ТАНЗИМГАРИ ВАКОЛАТДОРИ ИҚТИСОДӢ
Моддаи 68(1). Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678)
1. Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ - шахси ҳуқуқии ватание мебошад, ки ба Феҳристи танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ дохил карда шуда, ба шартҳои моддаи 68(2) Кодекси мазкур ҷавобгӯ буда, ҳуқуқи истифодаи содагардонии махсуси пешбининамудаи моддаи 684 Кодекси мазкурро дорад.
2. Мақоми танзимгари ваколатдори иқтисодӣ аз ҷониби мақомоти гумрук ба шахси ҳуқуқии ватанӣ бо роҳи додани шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ дода мешавад. Шакл ва тартиби додан, бекор кардан, бозхондан ва боздоштани амали шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1678).
Моддаи 68(2). Шартҳои додани мақоми танзимгари ваколатдори иқтисодӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1678)
Шартҳои аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ гирифтани мақоми танзимгари ваколатдори иқтисодӣ аз инҳо иборатанд:
1) таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 Кодекси мазкур;
2) иҷрои фаъолияти савдои хориҷӣ на камтар аз се сол то рӯзи муроҷиат ба мақоми гумрук;
3) дар рӯзи муроҷиат ба мақоми гумрук мавҷуд набудани уҳдадориҳои иҷронашудаи пардохтҳои гумрукӣ, фоизҳо, ҷаримаҳо аз рӯи қарорҳо оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд;
4) мавҷуд набудани ҳолатҳои дар давоми 1 (як) сол пеш аз муроҷиат ба мақоми гумрук ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудан барои ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ;
5) мавҷуд будани низоми баҳисобгирии молҳо, ки имконият медиҳад маълумоти ба мақомоти гумрук ҳангоми барасмиятдарории гумрукии мол пешниҳодшударо бо маълумот оид ба гузаронидани амалиёти хоҷагидорӣ мувофиқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқоиса намояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1678).
Моддаи 68(3). Феҳристи танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1678)
1. Дохил намудан ба Феҳристи танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ дар асоси муроҷиати шахсе, ки ба талаботи муқаррарнамудаи моддаҳои 681 ва 682 Кодекси мазкур ҷавобгӯ мебошад, амалӣ карда мешавад.
2. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ Феҳристи танзимгарони ваколатдори иқтисодиро пеш мебарад ва таъмини нашри онро дар сомонаи расмии интернетии худ анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1678).
Моддаи 68(4). Содагардонии махсуси ба танзимгари ваколатдори иқтисодӣ пешниҳодшаванда
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1678)
1. Ба танзимгари ваколатдори иқтисодӣ содагардонии махсуси зерин пешниҳод карда мешавад:
1) анҷом додани амалиёти гумрукӣ вобаста ба ворид шудани мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баровардани мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барасмиятдарории гумрукӣ ва иҷозати мол дар навбати аввал;
2) дар навбати аввал гузаронидани назорати гумрукӣ, дар сурати таъини он дар шакли азназаргузаронии гумрукӣ ё муоинаи гумрукӣ;
3) нигаҳдории муваққатии мол дар бино, майдончаҳои кушода ва ҳудуди дигари танзимгари ваколатдори иқтисодӣ;
4) иҷозати мол то пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ мутобиқи моддаи 150 Кодекси мазкур;
5) анҷом додани амалиёти гумрукӣ вобаста ба иҷозати мол дар бино, майдончаҳои кушода ва ҳудудҳои дигари танзимгари ваколатдори иқтисодӣ;
6) пешниҳод накардани таъмини иҷрои уҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳангоми ҷойгир намудани мол таҳти расмиёти гумрукии транзити дохилии гумрукӣ аз ҷониби танзимгари ваколатдори иқтисодӣ, ки ҳамчун декларант нисбати ин мол баромад мекунад, дар ҳолатҳое, ки пешниҳоди чунин таъминот тибқи моддаи 86 Кодекси мазкур муқаррар карда шудааст;
7) пешниҳод накардани таъмини иҷрои уҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳангоми иҷозати мол, аз ҷониби танзимгари ваколатдори иқтисодӣ, ки ҳамчун декларант нисбати ин мол баромад мекунад, бо хусусиятҳои пешбининамудаи моддаҳои 151 ва 160 Кодекси мазкур.
2. Содагардониҳои махсусе, ки моддаи мазкур пешбинӣ намудааст, танҳо дар ҳолатҳое татбиқ мегарданд, агар танзимгари ваколатдори иқтисодӣ ҳамчун декларанти моле, ки нисбати он истифодаи чунин содагардониҳои махсус пешбинӣ шудааст, ҳуқуқи баромад карданро дошта бошад.
3. Номгӯйи молҳое, ки нисбати онҳо содагардониҳои махсуси моддаи мазкур пешбинӣ намегарданд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1678).
БОБИ 9. РАСИДАНИ МОЛУ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ БА ҲУДУДИ ГУМРУКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421)
Моддаи 69. Маҳал ва вақти расидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421)
1. Расидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузаргоҳҳо аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, дар вақти кории мақомоти гумрук (моддаи 466), иҷозат дода мешавад. Дар маҳалҳои дигар мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тадбирҳои эҳтиётиеро, ки интиқолдиҳанда барои пешгирии истифодаи беиҷозати мол ва воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди гумрукӣ ҳангоми расиданашон берун аз вақти кори мақоми гумрук бояд андешад, муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012
№ 845, аз 30.05.2017
№ 1421).
Барои расидани намудҳои моли алоҳида ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаҳои гузаргоҳҳоро аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Баъди гузаштан аз сарҳади гумрукӣ интиқолдиҳанда вазифадор аст мол ва воситаҳои нақлиёти овардаи худро дар нуқтаи гузаргоҳ ё маҳалҳои дигари дар қисми 1 ҳамин модда (маҳали расидан) зикршуда расонад ва онҳоро ба мақомоти гумрук пешниҳод кунад. Дар айни замон тағйири ҳолати мол ё вайрон кардани бастабандии онҳо, инчунин тағйирдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, нобудсозӣ ё вайронкунии тамғаю мӯҳрҳо ва воситаҳои дигари ҳаммонандсозӣ иҷозат дода намешавад.
3. Мақомоти гумрук вазифадоранд дар шакли оммафаҳм оид ба нуқтаҳои гузаргоҳҳо аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳдудиятҳои муқарраршуда ва вақти кори мақомоти гумрук маълумот пешниҳод намоянд.
4. Муқаррароти ҳамин модда нисбати моле, ки тавассути нақлиёти дарёӣ ё ҳавоӣ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе таваққуф дар бандар ё фурудгоҳи дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда убур мекунанд, татбиқ намегардад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Моддаи 70. Тадбирҳое, ки ҳангоми садама ва таъсири қувваи рафънопазир ё дигар ҳолатҳо андешида мешаванд
1. Агар молрасонӣ аз маҳали убури сарҳади гумрукӣ ба маҳали расидан қатъ гардад, инчунин агар киштиҳои дарёӣ ва ҳавопаймо ночор таваққуф кунанд ё фуруд оянд ё дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи садама ва таъсири қувваи рафънопазир ё ҳолатҳои дигари барои боррасонӣ монеашаванда таваққуф ва фуруд дар маҳалҳои муайяншуда номумкин бошад, интиқолдиҳанда вазифадор аст барои ҳифзи молу воситаҳои нақлиёт тамоми тадбирҳоро андешад ва фавран дар бораи ин ҳолатҳо ва маҳали ҷойгиршавии молу воситаҳои нақлиёт ба наздиктарин мақоми гумрук хабар диҳад, инчунин молро ба наздиктарин мақоми гумрук интиқол диҳад (агар воситаи нақлиёти ӯ зарар дида бошад) ё интиқоли онҳоро ба ҳама гуна ҷойи дигар, ки мақоми гумрук нишон додааст, таъмин намояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Мақомоти гумрук хароҷоти интиқолдиҳанда ва дигар шахсонро, ки вобаста ба риояи талаботи ҳамин модда ба миён омадааст, ҷуброн намекунанд.
Моддаи 71. Огоҳонидани пешакии мақомоти гумрук дар бораи расидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421)
Маъмурияти дидбонгоҳи гузаргоҳ аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбарияти фурудгоҳ, аэродром, бандарҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, стансияҳо) мақоми гумрукро қаблан дар бораи маҳал ва вақти расидани воситаҳои нақлиёт дар нуқтаҳои гузаргоҳ аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби бо маъмурияти гузаргоҳи мазкур ва мақоми гумрук тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда огоҳ менамояд.
Моддаи 72. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумот дар бораи расидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421)
1. Ҳангоми расидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолдиҳанда вазифадор аст ба мақомоти гумрук ҳуҷҷатҳо ва маълумоти пешбининамудаи моддаҳои 73 - 76 ҳамин Кодексро вобаста ба навъи нақлиёте, ки дар он ҳамлу нақли байналмилали амалӣ мегардад, пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуқуқ дорад рӯйхати маълумоти дар моддаҳои 73-76 ҳамин Кодекс пешбинишударо ихтисор намояд. Мақоми гумрук ҳуқуқ надорад аз интиқолдиҳанда пешниҳоди маълумоти дигарро талаб намояд.
Агар ҳуҷҷатҳои дар моддаҳои 73-76 ҳамин модда пешбинишуда дорои маълумоти зарурӣ набошанд, интиқолдиҳанда вазифадор аст ба мақоми гумрук маълумоти нокифояро бо роҳи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дигари иловагии ба таври озод таҳияшуда хабар диҳад.
2. Интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад ба мақоми гумрук ҳуҷҷатҳо ва маълумотро то воқеан расидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Тоҷикистон пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
3. Интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад ҳуҷҷатҳоро (қисми ҳуҷҷатҳоро) тибқи ҳамин Кодекс ва тибқи тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар шакли ҳуҷҷатҳои электронӣ пешниҳод намояд.
4. Ҳангоми аз ҷониби интиқолдиҳанда пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо бо забони хориҷӣ мақомоти гумрук ҳангоми зарурат ҳуқуқ доранд танҳо тарҷумаи маълумоти пешбининамудаи моддаҳои 73-76 ҳамин Кодексро ба забони давлатӣ ё забони муоширати байналмилалӣ талаб намоянд.
5. Аз номи интиқолдиҳанда ҳуҷҷатҳо ва маълумотро метавонад шахсе, ки бо супориши вай амал мекунад, пешниҳод намояд.
Моддаи 73. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки ҳангоми ҳамлу нақли байналмилали тавассути нақлиёти автомобилӣ пешниҳод карда мешаванд
1. Ҳангоми ҳамлу нақли байналмилали тавассути нақлиёти автомобилӣ интиқолдиҳанда ба мақоми гумрук маълумоти зеринро хабар медиҳад:
1) дар бораи қайди давлатии воситаҳои нақлиёт;
2) ном ва суроғаи интиқолдиҳандаи мол;
3) номи давлати ирсолкунанда ва давлати таъиноти мол;
4) ном ва суроғаи фиристанда ва гирандаи мол;
5) дар бораи фурӯшанда ва қабулкунандаи мол мувофиқи ҳуҷҷатҳои тиҷоратие, ки интиқолдиҳанда дорад;
6) дар бораи миқдори ҷойҳои бор, маркировкаи онҳо ва навъи бастабандии мол;
7) номгӯй, инчунин рамзи мол мувофиқи талаботи байналмилалии тавзеҳ ва кодгузории мол дар сатҳи на камтар аз 4 рақами аввал (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1422);
8) вазни умумии мол (бо кг) ё ҳаҷми мол (бо метри мукааб) ба истиснои моли калонҳаҷм;
9) дар бораи мавҷудияти моле, ки воридоташон ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ ё маҳдуд карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421);
10) дар бораи маҳал ва таърихи таҳияи борхати нақлиётии байналмилалӣ;
2. Интиқолдиҳанда маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикршударо бо роҳи ба мақоми гумрук пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зерин хабар медиҳад:
1) ҳуҷҷатҳо ба воситаи нақлиёт;
2) борхати нақлиётии байналмилалӣ;
3) ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ ба моли интиқолшаванда, ки интиқолдиҳанда дорад.
Моддаи 74. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки ҳангоми ҳамлу нақли байналмилали тавассути нақлиёти дарёӣ пешниҳод карда мешаванд
1. Ҳангоми ҳамлу нақли байналмилали тавассути нақлиёти дарӣ интиқолдиҳанда ба мақоми гумрук маълумоти зеринро хабар медиҳад:
1) дар бораи қайди киштӣ ва мансубияти миллии он:
2) номгӯ ва тавсифи киштӣ:
3) ному насаби капитан:
4) ному насаб ва суроғаи агенти киштӣ:
5) дар бораи теъдоди мусофирони киштӣ, ному насаби онҳо, шаҳрванди (табаият), таърих ва маҳали таваллуд, бандари таваққуф ва фуруд:
6) дар бораи теъдод ва ҳайати экипаж:
7) номгӯи бандари сафар ва бандари даромади киштӣ:
8) номгӯи, теъдоди умумӣ ва тавсифи мол:
9) дар бораи теъдоди ҷойҳои бор, маркировкаи онҳо ва навъи бастабандии мол:
10) номгӯи бандари боргирӣ ва бандари борфарорӣ:
11) рақами коносаментҳо ё дигар ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудият ва мазмуни қарордоди интиқоли баҳриро барои моли дар бандари мазкур холишаванда тасдиқ менамояд;
12) номгӯи бандарҳои фаровардани моли дар кишти боқимонда;
13) номгӯи бандарҳои аввалаи ирсоли мол;
14) номгӯи захираҳое, ки дар киштӣ мавҷуданд ва нишон додани теъдоди онҳо;
15) тавзеҳи ҷойгиркунии мол дар киштӣ;
16) дар бораи мавҷуд будани (мавҷуд набудани) муросилоти почтаҳои байналмилалӣ дар киштӣ;
17) дар бораи мавҷуд будани (мавҷуд набудани) моле, ки ворид кардани онҳо ба ҳудуди гумрукии Тоҷикистон манъ ё маҳдуд аст, аз ҷумла асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзишҳои асъорӣ, ки ҳайати экипаж бо худ дорад, доруворӣ, ки дар таркибашон воситаҳои нашъадор, маводи сахттаъсир, моддаҳои психотропи ва заҳрнок мавҷуд аст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421);
18) дар бораи мавҷуд будани (мавҷуд набудани) моли хатарнок, аз ҷумла яроқу лавозимоти ҷангӣ.
2. Интиқолдиҳанда маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикршударо бо роҳи ба мақоми гумрук пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зерин хабар медиҳад:
1) декларатсияи умумӣ;
2) декларатсияи бор;
3) декларатсияи захираҳо дар киштӣ;
4) декларатсия дар бораи ашёи шахсии ҳайати экипажи киштӣ;
5) таъиноти киштӣ;
6) рӯйхати мусофирон;
7) ҳуҷҷате, ки Ковенсияи умумиҷаҳонии почта тақозо менамояд;
8) коносаментҳо ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудият ва мазмуни қарордоди интиқоли дарёиро тасдиқ мекунанд.
Моддаи 75. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки ҳангоми ҳамлу нақли байналмилали тавассути нақлиёти ҳавоӣ пешниҳод карда мешаванд
1. Ҳангоми ҳамлу нақли байналмилали тавассути нақлиёти ҳавоӣ интиқолдиҳанда ба мақомоти гумрук маълумоти зеринро хабар медиҳад:
1) зикри аломати мансубияти миллӣ ва аломати бақайдгирии ҳавопаймо;
2) рақами рейс, зикри самти парвоз, нуқтаи парвоз, ҷойи фуруди ҳавопаймо;
3) номи истифодабарандаи ҳавопаймо;
4) теъдоди ҳайати экипаж;
5) дар бораи теъдоди мусофирон, ном ва насаби онҳо; номгӯи маҳалҳои саворшавӣ ва фурудоии онҳо;
6) зикри навъи мол;
7) рақами борхат, миқдори ҷой дар ҳар як борхат;
8) номи нуқтаи боргирӣ ва борфарорӣ;
9) дар бораи миқдори захираҳои киштӣ, ки ба он бор карда ё фароварда мешаванд;
10) дар бораи мавҷуд будани (мавҷуд набудани) муросилоти почтаҳои байналмилалӣ дар киштии ҳавоӣ;
11) дар бораи мавҷуд будани (мавҷуд набудани) моле, ки ворид кардани он ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ ё маҳдуд аст, аз ҷумла асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзишҳои асъорӣ, ки ҳайати экипаж бо худ дорад, доруворӣ, ки дар таркибашон воситаҳои нашъадор, маводи сахттаъсир, моддаҳои психотропӣ ва заҳрнок мавҷуданд, инчунин аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Интиқолдиҳанда маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикршударо бо роҳи ба мақоми гумрук пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зерин хабар медиҳад:
1) ҳуҷҷати муқаррарии (стандартии) интиқолдиҳанда, ки мувофиқи созишномаи байналмилалӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ (декларатсияи генералӣ) пешбинӣ шудааст;
2) ҳуҷҷати дорои маълумот дар бораи моли тавассути ҳавопаймо интиқолшаванда (борхат);
3) ҳуҷҷати дорои маълумот дар бораи захираҳои ҳавопаймо;
4) борхати бори ҳавопаймо;
5) ҳуҷҷати дорои маълумот оид ба интиқоли мусофирон ва бағоҷи онҳо (руйхати мусофирон);
6) ҳуҷҷате, ки Ковенсияи умумиҷаҳонии почта тақозо менамояд.
Моддаи 76. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки ҳангоми интиқоли байналмилалӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳан пешниҳод карда мешаванд
1. Ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳан интиқолдиҳанда ба мақоми гумрук маълумоти зеринро хабар медиҳад:
1) номгӯ ва суроғаи ирсолкунандаи бор;
2) номгӯ ва суроғаи қабулкунандаи бор;
3) номгӯи истгоҳи ирсолкунанда ва истгоҳи таъиноти мол;
4) дар бораи теъдоди ҷойи бор, оид ба маркировкаи он ва навъи бастабандии мол;
5) номгӯ, инчунин коди мол тибқи Системаи ҳамоҳангшудаи тасниф ва рамзгузории мол ё Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, дар сатҳи на камтар аз 4 рақами аввал (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1422);
6) вазни умумии мол (бо кг);
7) рақамҳои ҳаммонандсозии контейнерҳо.
2. Интиқолдиҳанда маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикршударо бо роҳи нишон додани ҳуҷҷатҳои зерин хабар медиҳад:
1) борхати роҳи оҳан;
2) ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ барои интиқоли мол, ки дар ихтиёри интиқолдиҳанда мавҷуданд.
Моддаи 77. Амалиёт бо молу воситаҳои нақлиёт дар маҳали расидани онҳо
1. Баъди расидани мол ва ба мақоми гумрук пешниҳод намудани ҳуҷҷату маълумоти дахлдор молро метавон фаровард, ба дигар воситаи нақлиёт бор кард (моддаи 78), дар анбори муваққати ҷой кард (боби 12), ба низоми муайяни гумрукӣ ё транзити дохилии гумрукӣ арзшуда ворид намуд (боби 10).
2. Аз лаҳзаи пешниҳоди мол ба маҳали боррасонӣ чунин мол статуси таҳти нигаҳдошти муваққатӣ қарордоштаро мегирад. Бо анҷом ёфтани мӯҳлати ниҳоии нигаҳдории муваққатӣ (моддаи 103) мақомоти гумрук моли мазкурро тибқи боби 57 ҳамин Кодекс ихтиёрдорӣ менамоянд.
3. Агар мақомоти гумрук санҷиши молеро анҷом диҳанд, ки нисбати воридоти он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯият ва маҳдудиятҳо муқаррар шудаанд ва таъмини риояи онҳо инчунин таҳти салоҳияти дигар мақомоти давлатӣ низ мебошад, мақомоти гумрук ҳамоҳангсозии ин амалиёт ва баробар анҷом додани онҳоро таъмин менамоянд.
4. Воситаҳои нақлиёт бояд тибқи боби 36 ҳамин Кодекс ба расмияти гумрукӣ дароварда шаванд.
Моддаи 78. Борфарорӣ ва азнавборкунӣ дар маҳали расидани мол
1. Борфарорӣ ва азнавборкунии мол аз воситаҳои нақлиёте, ки ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст, дар маҳали расидан ва дар вақти кори мақомоти гумрук дар маҳали махсус барои чунин мақсадҳо пешбинигардида анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Дар ҷойҳои дигар ва (ё) дар вақти ғайрикории мақоми гумрук борфарорӣ ва азнавборкунии мол бо иҷозати мақоми гумрук, ки бо дархости шахси манфиатдор тибқи моддаҳои 465 ва 466 ҳамин Кодекс дода шудааст, анҷом дода мешавад.
2. Ҷойи борфарорӣ ва азнавборкунии он минтақаи назорати гумрукӣ ҳисобида мешавад. Ҷойи мазкур бояд тарзе сохта ва муҷаҳҳаз гадад, ки ҳифзи молро таъмин намояд ва имконияти ба он дохилшавии шахсоне, ки дар борфарорӣ ва борбардорӣ иштирок наменамоянд, истисно карда шавад.
3. Бо дархости шахсе, ки дар бандарҳо амалиётро бо мол анҷом медиҳад, мол метавонад дар ҷойҳои борфарорӣ ва азнавборкунӣ бе ҷойгиркунонӣ дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ дар мӯҳлати барои иҷрои амалиёт зарурӣ, вале дар доираи мӯҳлати муайяннамудаи моддаи 103 ҳамин Кодекс, нигоҳ дошта шаванд.
4. Ҳангоми гум кардани мол ё бе иҷозати мақомоти гумрук додани он ба шахсони сеюм масъулият барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз мутобиқи ҳамин Кодекс ба зиммаи шахсе мебошад ки ин амалиётро анҷом медиҳад.
5. Фаровардани моле, ки воридоти он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шудааст, иҷозат дода намешавад.
БОБИ 10. ТРАНЗИТИ ДОХИЛИИ ГУМРУКӢ
Моддаи 79. Транзити дохилии гумрукӣ
1. Транзити дохилии гумрукӣ расмиёти гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли хориҷӣ тавассути ҳудуди гумрукии Тоҷикистон бидуни ситонидани боҷи гумрукӣ, андоз ва татбиқи тадбирҳои мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда интиқол дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Транзити дохилии гумрукӣ ҳангоми интиқоли мол аз маҳали расидани он то маҳали ҷойгиршавии мақоми гумрукӣ таъинот (моддаи 92), аз маҳали ҷойгиршавии мол ҳангоми декларатсиякунонии он то маҳали баровардани он аз ҳудуди гумрукии Тоҷикистон, байни анборҳои нигаҳдории муваққатӣ, анборҳои гумрукӣ, инчунии дар ҳолатҳои дигари интиқоли моли хориҷӣ дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад, агар ба ин мол таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
3. Муқаррароти ҳамин боб нисбати моле, ки тавассути нақлиёти ҳавоӣ интиқол дода мешавад, агар ҳавопаймо ҳангоми парвоз дар хати сайри доимии байналмилалӣ дар маҳали расидани мол муваққатан ё ночор (ба сабаби техникӣ) бе фаровардани қисми мол фуруд ояд, инчунин нисбати моли тавассути қубур ё хати барқ интиқолшаванда татбиқ намегардад.
4. Интиқоли мол тибқи расмиёти транзити дохилии гумрукӣ метавонад аз ҷониби ҳама гуна интиқолдиҳанда, аз ҷумла боркашони гумрукӣ анҷом дода шавад.
Моддаи 80. Иҷозат барои транзити дохилии гумрукӣ
1. Транзити дохилии гумрукӣ бо иҷозати хаттии мақоми гумрук, ки дар минтақаи фаъолияти он интиқоли мол тибқи расмиёти транзити дохилии гумрукӣ (мақоми гумрукӣ ирсолкунанда) оғоз мегардад, иҷозат дода мешавад.
2. Иҷозат ба транзити дохилии гумрукӣ ба инҳо дода мешавад:
1) ба интиқолдиҳанда;
2) ба экспедитор, агар вай шахси ватанӣ бошад;
3) ба шахсоне, ки дар қисми 6 ҳамин модда зикр шудаанд.
3. Ба транзити дохилии гумрукӣ бо риояи шартҳои зерин иҷозат дода мешавад:
1) агар воридоти мол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нашуда бошад;
2) агар нисбати моли воридшаванда дар маҳали расидани он назорати сарҳадӣ ва дигар намуди назорати давлатӣ гузаронида шуда бошад, дар ҳолате, ки агар мол тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳали расидани он бояд таҳти чунин назорат қарор гирад;
3) агар нисбати мол ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи риояи маҳдудиятҳо мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати интиқоли ин мол тавассути ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда бошанд (Қонуни ҶТ 28.12.2012
№ 906, аз 30.05.2017
№ 1421);
4) агар нисбати ин мол ҳуҷҷати назоратии расидани мол (моддаи 81) пешниҳод шуда бошад;
5) агар мол бо аломатҳои ҳаммонандсозӣ таъмин бошад:
6) агар воситаи нақлиёт ба таври зарурӣ муҷаҳҳаз бошад, дар ҳолате, ки мол таҳти тамға (пломба) ва мӯҳрҳои гумрукӣ интиқол дода шавад (моддаи 84);
7) агар барои таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо андешида шуда бошанд (моддаи 86).
4. Иҷозат ба транзити дохилии гумрукӣ баъди пешниҳоди мол ба мақоми гумрукӣ ирсолкунанда фавран, баъди он, ки мақоми гумрук ба риояи шартҳои муқаррарнамудаи қисми 3 ҳамин модда итминон ҳосил мекунад, аммо на дертар аз як шабонарӯзи қабули ҳуҷҷати назоратии расидани мол дода мешавад (моддаи 81). Ҳуҷҷати назорати расидани мол аз ҷониби мақоми гумруки ирсолкунанда дар мӯҳлати 30 дақиқа қабул карда мешавад, агар он ба ҳамаи талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ бошад.
Ҳангоми додани иҷозат барои транзити дохилии гумрукӣ мақоми гумруки ирсолкунанда мӯҳлати транзити дохилии гумрукӣ (моддаи 82) ва маҳали расонидани молро муайян менамояд (моддаи 85).
5. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ метавонад ҷиҳати иҷозат надодани интиқолдиҳанда ё экспедитор ба транзити дохилии гумрукӣ, ки якчанд маротиба ӯҳдадории худро оид ба интиқоли мол тибқи транзити дохилии гумрукӣ иҷро нанамудааст, агар тибқи қарор маълум гардад, ки оид ба қонунвайронкуниҳои маъмурӣ дар фаъолияти гумрукӣ нисбати он ҷавобгарии маъмурӣ андешида шудааст ва ҳатто агар яке аз ин қарорҳо иҷро нашуда бошад ё ҳамин интиқолдиҳанда ё экспедитор ӯҳдадориҳояшро оид ба пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз тибқи моддаи 90 ҳамин Кодекс иҷро накарда бошад, қарор қабул намояд. Қарори мазкур бояд дар мӯҳлати 5 рӯзи баъди пардохти ҷаримаи маъмурӣ, боҷҳои гумрукӣ ва андоз тибқи моддаи 90 ҳамин Кодекс бекор карда шуда, дар ин бора интиқолдиҳанда ё экспедитор, ки нисбати онҳо чунин қарор қабул шудааст, дар мӯҳлати муқарраршуда дар шакли хатти огоҳ карда мешаванд.
6. Ҳангоми интиқоли мол тибқи транзити дохилии гумрукӣ ба маҳали расидани мол (моддаи 85), ки маҳали ҷойгиршавии мақоми гумрук ҳисоб намешавад, иҷозати транзити дохилии гумрукӣ ба таври истисно ба шахсе дода мешавад, ки тибқи ҳамин Кодекс ба зиммааш нигаҳдории мол ва иҷрои дигар амалиёт бо мол дар маҳали расидани мол гузошта шудааст. Дар ин ҳолат шахси мазкур ӯҳдадориҳо ва масъулиятҳои барои экспедитор муқаррарнамудаи ҳамин бобро бо назардошти ҳолатҳои қисми 5 моддаи 92 ҳамин Кодекс ба зимма дорад.
7. Агар иҷозат ба транзити дохилии гумрукӣ барои риоя нашудани бандҳои 1 - 3 қисми 3 ҳамин модда дода нашавад, мақоми гумрук ҳуқуқ дорад ба интиқолдиҳанда иҷозат диҳад, ки молро ба анбори нигаҳдории муваққатӣ ё дигар ҷойҳои минтақаи назорати гумрукӣ ҳисобшаванда интиқол диҳад, бо шарти мушоияти гумрукии воситаҳои нақлиёте, ки тавассути онҳо мол интиқол дода мешавад.
Эзоҳ: 1. Бо мақсади истифодаи ҳамин боб таҳти мафҳуми воситаҳои нақлиёт инчунин воситаҳои нақлиёте фаҳмида мешавад, ки дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мол тавассути онҳо интиқол дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Бо мақсади истифодаи ҳамин боб таҳти мафҳуми экспедитор шахсе фаҳмида мешавад, ки тибқи қарордоди экспедитсияи нақлиётӣ мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
Моддаи 81. Декларатсияи транзитӣ
1. Ба сифати декларатсияи транзити мақоми гумруки интиқолдиҳанда ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ, нақлиёти (борбари) ва (ё) ҳуҷҷатҳои гумрукии дорои маълумоти дар қисми 2 ҳамин модда зикршударо қабул мекунад.
2. Барои гирифтани иҷозат ба транзити дохилии гумруки интиқолдиҳанда (экспедитор) ба мақоми гумруки интиқолдиҳанда маълумоти зеринро пешниҳод менамояд:
1) дар бораи ном ва ҷои интиқолдиҳанда (қабулкунанда) тибқи ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ;
2) дар бораи мамлакати интиқолдиҳандаи (мамлакати таъинот) мол;
3) дар бораи ном ва ҷои интиқолдиҳандаи мол ё экспедитор, агар экспедитор барои транзити дохилии гумруки иҷозат гирифта бошад;
4) дар бораи воситаи нақлиёте, ки тавассути он бор дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешавад, ҳангоми боркашони тавассути нақлиёти автомобилӣ бошад - ҳамчунин дар бораи ронандаи воситаи нақлиёт (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421);
5) дар бораи намуд ё ном, миқдор ва нархи мол тибқи ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ, нақлиёти (борбари), вазн ё ҳаҷм, рамзи мол, тибқи Системаи ҳамоҳангшудаи тавсифот ва рамзгузории мол ё Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар сатҳи на камтар аз чор аломати аввал (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1422);
6) дар бораи миқдори умумии ҷои бор;
7) дар бораи маҳали таъиноти мол;
8) дар бораи ба нақша гирифтани азнавборкунӣ ё дигар амалиёти борбардорӣ ё борфарорӣ дар роҳ;
9) дар бораи ба нақша гирифтани мӯҳлати интиқоли мол (моддаи 82);
10) дар бораи хати сайр, агар интиқоли мол бо хатҳои сайри муайян ба ҷо оварда шавад (қисми 3 моддаи 86).
3. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуқуқ дорад номгӯи маълумоти дар қисми 2 ҳамин модда зикршударо бо назардошти категорияи шахс, молу воситаҳои нақлиёти интиқолшаванда, навъи мол, инчунин вобаста ба навъи нақлиёт ихтисор намояд.
4. Агар ҳуҷҷатҳои тибқи қисми 1 ҳамин модда пешниҳодшуда ҳамаи маълумоти дар қисми 2 ҳамин модда зикршударо надошта бошанд, ин маълумот иловатан, бо роҳи ба шакли хаттӣ дохил намудани маълумоти нокифоя ба декларатсияи транзитӣ пешниҳод карда мешавад. Шакли декларатсияи транзитӣ ва тартиби пур кардани онро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд.
5. Мақоми гумрук ҳуқуқ надорад аз интиқолдиҳанда ё экспедитор дигар маълумотро, ба истиснои маълумоти дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида, талаб намояд.
6. Дар хусуси қабули ҳуҷҷатҳо ба сифати декларатсияи транзитӣ тибқи қисми 1 ҳамин модда шахси мансабдори мақоми гумрук дар чунин ҳуҷҷатҳо тибқи намуна ва тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ сабт мегузорад.
7. Декларатсияи транзитиро ба шакли ҳуҷҷати электрони пешниҳод кардан мумкин аст. Тартиби пешниҳоди декларатсияи транзитӣ ба шакли ҳуҷҷати электронӣ ва тартиби истифодаи онро дар транзити гумрукии дохили мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тибқи ҳамин Кодекс муайян менамояд.
8. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати декларатсияи транзитӣ ҳуҷҷатҳое, ки чунин санадҳо муқаррар кардаанд, истифода бурда мешавад.
Моддаи 82. Мӯҳлати транзити дохилии гумрукӣ
1. Мӯҳлати ниҳоии транзити дохилии гумрукӣ, агар интиқол тавассути нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан сурат гирад, наметавонад аз мӯҳлати ба ҳисоби 2000 км дар як моҳ муайяншуда зиёд бошад ва дар ҳолате, ки агар интиқол тавассути нақлиёти ҳавоӣ сурат гирад - ин мӯҳлат аз рӯзи гирифтани иҷозат барои транзити дохилии гумрукӣ набояд аз се рӯз зиёд бошад.
2. Ҳангоми гирифтани иҷозат ба транзити дохилии гумрукӣ мӯҳлати транзити дохилии гумрукӣ аз ҷониби мақоми гумруки ирсолкунанда дар доираи мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда, вобаста ба аризаи интиқолдиҳанда (экспедитор), мӯҳлати муқаррарии интиқоли мол, навъи нақлиёт ва имкониятҳои воситаи нақлиёт, хати сайри он ва дигар шароити ҳамлу нақл муқаррар карда мешавад.
3. Бо дархости асосноки шахси манфиатдор мақоми гумрук мӯҳлати муқаррарнамудаи транзити дохилии гумрукиро дар доираи мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда тамдид менамояд. Агар ҳангоми интиқоли мол тибқи расмиёти транзити дохилии гумруки интиқолдиҳанда дар мӯҳлати аввали муқарраргардида аз сабаби садама ё таъсири қувваи рафънопазир молро расонида натавонад, бо иҷозати мақоми гумрук дар шакли хатти мӯҳлати транзити дохилии гумрукӣ метавонад ба мӯҳлати зиёда аз мӯҳлати ниҳоии муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда тамдид карда шавад.
Моддаи 83. Ҳаммонандсозии (идентификатсияи) мол ва ҳуҷҷатҳои он
1. Мақоми гумруки ирсолкунанда ҳаммонандсозии молеро, ки ба расмиёти гумрукии транзити дохилии гумрукӣ фаро гирифта шудаанд, бо мақсади таъмини имконияти аз ҷониби мақоми гумруки таъинот (қисми 1 моддаи 92) ошкор намудани аломати гирифтани бор, ҷойгузории бор дар нақлиёт ё иҷрои ягон амалиёт бо бор, агар амалҳои мазкур ҳангоми интиқоли ин мол мувофиқи транзити дохилии гумрукӣ сурат гирифта бошанд, анҷом медиҳад.
2. Бо мақсади ҳаммонандсозии мол мақоми гумруки ирсолкунанда ҳуқуқ дорад воситаҳои зеринро истифода намояд:
1) гузоштани тамғаҳои (пломбаҳои) гумрукӣ ва мӯҳрҳо ба нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда;
2) гузоштани нишонҳои ҳаммонандсозии рақамӣ, ҳарфӣ ё маркировкаи дигар, гузоштани тамға (пломба) ва мӯҳрҳо ба ҷойҳои бори алоҳида;
3) гузоштани штамп;
4) гирифтани чошниҳо ва намунаҳо;
5) тавсифи мол ва воситаҳои нақлиёт;
6) истифодаи нақшаҳо, суратҳои калонҳаҷм таҳияшуда, фотосуратҳо, видеосабтҳо, ороишҳо;
7) истифодаи нақшаҳои таҳиянамудаи шахсони мансабдори мақомоти гумрук суратҳои калонҳаҷм таҳияшуда, фотосуратҳо, видеосабтҳо, ороишҳо;
8) воситаҳои дигари имкондиҳандаи ҳаммонандсозии мол, инчунин тамғаҳои (пломбаҳои) ирсолкунандаи мол.
3. Ҳаммонандсозии мол бо роҳи гузоштани тамғаю (пломбаю) мӯҳри гумрукӣ ба воситаҳои нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда бо риояи шартҳои муқаррарнамудаи моддаи 84 ҳамин Кодекс амалӣ карда мешавад.
Дар ҳолатҳои дигар ҳаммонандсозии мол бо истифодаи воситаҳои дигари муқаррарнамудаи қисми 2 ҳамин модда анҷом дода мешавад.
4. Мақомоти гумрук инчунин тамғаҳои (пломбаҳои) гумрукӣ ё воситаҳои дигари ҳаммонандсозии мақомоти гумруки давлатҳои хориҷиро истифода мебаранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар:
1) тамғаҳои (пломбаҳои)гумрукӣ ё воситаҳои дигари ҳаммонандсозӣ аз ҷониби мақоми гумруки ирсолкунанда нокифоя ё ба мизони муайяннамудаи қисми 1 моддаи 84 ҳамин Кодекс беэътимод ҳисобида шаванд;
2) мақоми гумруки ирсолкунанда муоинаи гумрукии молро анҷом диҳад.
Агар мақомоти гумрук тамғаҳои (пломбаҳои) гумрукӣ ё воситаҳои дигари ҳаммонандсозии мақомоти гумруки давлатҳои хориҷиро истифода баранд, барои тағйир додан, нест ё нобуд кардан ё хароб намудани ин воситаҳои ҳаммонандсозӣ мамнӯиятҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс нисбати воситаҳои ҳаммонандсозии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд.
5. Мақомоти гумрук ҳаммонандсозии ҳуҷҷатҳои нақлиёти (борбари), инчунин ҳуҷҷатҳои тиҷоратии моли дар ихтиёри интиқолдиҳанда бударо барои мақсадҳои гумрукӣ амалӣ менамоянд.
Барои мақсадҳои ҳаммонандсозии ҳуҷҷатҳо мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд воситаҳои зеринро истифода баранд:
1) гузоштани мӯҳр ва штамп дар ҳуҷҷатҳо;
2) гузоштани воситаҳои махсуси часпанда ва махсуси ҳимоятӣ;
3) ҷойгир намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои мақсадҳои гумрукӣ дар қисматҳои боргузории воситаҳои нақлиёт, контейнерҳо ё бордонҳои ҷудошаванда, ки ба онҳо тамғаю (пломбаю) мӯҳри гумрукӣ гузошта мешаванд;
4) гузоштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои мақсадҳои гумрукӣ дар сейфлифофаҳо.
Моддаи 84. Таҷҳизонидани воситаҳои нақлиёт, контейнерҳо ва бордонҳои ҷудошаванда ҳангоми интиқоли мол таҳти тамға (пломба) ва мӯҳрҳои гумрукӣ
1. Воситаҳои нақлиёт, контейнерҳо ё бордонҳои ҷудошаванда барои интиқоли мол таҳти тамғаю (пломбаю) мӯҳри гумрукӣ иҷозат дода мешаванд, ба шарте агар тамғаю (пломбаю) мӯҳри гумрукӣ мустақиман ба ҳамин воситаҳои нақлиёт, контейнерҳо ва бордонҳои ҷудошаванда тарзе гузошта шуда бошанд, ки сохт ва таҷҳизонии онҳо имкон медиҳад:
1) тамғаю (пломбаю) мӯҳри гумрукӣ ба таври оддӣ ва эътимодбахш гузошта шаванд;
2) мол аз қисми борҷои тамғашудаи (пломбашудаи) воситаи нақлиёт бе гузоштани пайҳои назарраси кушодани борҷои воситаи нақлиёт ё хароб кардани тамғаю (пломбаю) мӯҳри гумруки мол ба борҷойҳои воситаи нақлиёт гирифта ё гузошта нашаванд;
3) дар воситаҳои нақлиёт ва борҷои он барои пинҳон намудани мол ҷойҳои махфӣ набошанд;
4) ҳамаи ҷойҳое, ки дар онҳо мол гузошта шудаанд, барои азназаргузаронии гумруки дастрас бошанд.
2. Талаботи муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда нисбати нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда иҷрошуда ҳисобида мешавад, агар воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда ҷавобгӯи талаботи техникие бошад, ки мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар менамояд.
3. Дар бораи иҷозат додани воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда ба интиқоли мол таҳти тамғаю (пломбаю) мӯҳри гумрукӣ мақоми гумруки ирсолкунанда қарор қабул менамояд, агар воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда пешаки ба интиқол таҳти тамғаю (пломбаю) мӯҳри гумрукӣ иҷозат дода нашуда бошад.
Қарори мазкур аз ҷониби мақоми гумруки ирсолкунанда дар рӯзи муроҷиати шахси манфиатдор қабул карда мешавад.
4. Мувофиқати воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда ба талаботи дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда зикргардида метавонанд сари вақт, бо роҳи гирифтани гувоҳнома дар бораи иҷозат додани воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда ба интиқоли мол таҳти тамғаю (пломбаю) мӯҳри гумрукӣ тасдиқ карда шавад.
Гувоҳнома дар бораи иҷозат додани воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда ба интиқоли мол таҳти тамғаю (пломбаю) мӯҳри гумрукӣ бо тартиби зайл дода мешавад:
1) инфиродӣ;
2) вобаста ба конструксияи (навъи) воситаи нақлиёт ё бордони ҷудошаванда.
Гувоҳнома дар бораи иҷозат додани воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда ба интиқоли мол таҳти тамғаю (пломбаю) мӯҳри гумрукӣ аз тарафи мақоми гумрук дар асоси аризаи шахси манфиатдор дар давоми 5 рӯзи гирифтани аризаи мазкур дода мешавад. Гувоҳномаи мазкур то даврае амал мекунад, ки дар конструксияи воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда тағйирот сурат нагирад. Гувоҳнома дар бораи иҷозат додани воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда ба интиқоли мол таҳти тамғаю (пломбаю) мӯҳри гумрукӣ ҳангоми ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи соҳибии воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда эътибори худро нигоҳ медорад. Шакли гувоҳнома дар бораи иҷозат додани воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда барои интиқоли мол таҳти тамғаю (пломбаю) мӯҳри гумрукӣ ва тартиби додани онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.
5. Мақомоти гумрук пешаки иҷозат додани воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошавандаро барои интиқоли мол таҳти тамғаю (пломбаю) мӯҳри гумрукӣ, ба истиснои ҳолатҳои зерин, талаб наменамоянд:
1) агар интиқоли молро боркаши гумрукӣ анҷом дода бошад (боби 11);
2) иҷозати пешакӣ дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад.
Моддаи 85. Маҳали расонидани мол ҳангоми транзити дохилии гумрукӣ
1. Маҳали расонидани молро ҳангоми транзити дохилии гумрукӣ мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар асоси маълумот дар бораи маҳали таъиноти дар ҳуҷҷатҳои нақлиёти (борбари) зикргардида муайян менамояд. Маҳали расонидани мол минтақаи назорати гумрукие мебошад, ки дар ҳудуди фаъолияти мақоми гумрукӣ таъинот қарор дорад (қисми 1 моддаи 92). Ҳамзамон моли интиқолшаванда аз ҷойҳои расидааш (моддаи 69) ба маҳали ҷойгиршавии мақоми гумрук расонида мешавад (моддаи 464) (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Дар сурати тағйир додани маҳали таъинот мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт ҳангоми транзити дохилии гумруки интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад ба мақоми гумрук бо дархости тағйир додани маҳали расонидани бор муроҷиат намояд. Дар ин ҳолат интиқолдиҳанда метавонад ба ҳама гуна мақоми гумруке, ки дар хати сайри он мавҷуд аст, бо ариза, ки дар шакли озод таҳия шудааст, дар мавриди тағйир додани маҳали таъинот муроҷиат намояд ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тағйир додани маҳали таъинот, инчунин ҳуҷҷатҳои пешбинамудаи қисми 3 моддаи 92 ҳамин Кодексро пешниҳод кунад.
Қарор дар бораи тағйир додани маҳали расонидани бор аз ҷониби мақоми гумрук дар рӯзи дигари гирифтани ариза ва ҳуҷҷатҳои дар сархати 1 ҳамин қисм зикргардида қабул карда мешавад. Қарори мазкур бо роҳи анҷом додани транзити дохилии гумрукӣ нисбати моле, ки маҳали расонидани он тағйир дода шудааст ва додани иҷозати нав ба транзити дохилии гумрукӣ (моддаи 80) ба расмият дароварда мешавад. Иҷозати нав ба транзити дохилии гумрукӣ дар рӯзи қабули қарор дар бораи тағйир додани маҳали расонидани бор дода мешавад.
Моддаи 86. Тадбирҳо барои таъмини риояи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми транзити дохилии гумрукӣ
1. Интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт тибқи расмиёти транзити дохилии гумрукӣ ҳангоми риояи шартҳои зерин амалӣ мегардад:
1) моле, ки воридоташ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироташ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудааст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421);
2) барасмиятдарории декларатсияи транзитӣ тибқи моддаи 81 ҳамин Кодекс,
3) таъмини яке аз тадбирҳои интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт тибқи қисми 2 ҳамин модда.
2. Ба тадбирҳои таъмини назорати боррасонӣ ва воситаҳои нақлиёт тибқи расмиёти гумрукии транзити дохилии гумрукӣ инҳо дохил мешаванд:
1) таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо роҳи дохил намудани маблағ ба суратҳисоби депозитии мақоми гумрук (гарави пулӣ) (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023
№ 2001);
2) таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо роҳи ба гарав гузоштани амвол;
3) кафолати бонк;
4) интиқоли мол аз ҷониби боркашони гумрукӣ;
5) мушоияти гумрукии мол;
6) дигар тадбирҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Шахси интиқолдиҳандаи мол ва воситаҳои нақлиёт ҳуқуқ дорад яке аз тадбирҳои номбаршударо интихоб намояд.
3. Ҳангоми интиқоли мол тибқи расмиёти транзити дохилии гумрукӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳан муқаррароти қисми 2 ҳамин модда истифода намешавад.
4. Тадбири таъмини расонидани мол ва воситаҳои нақлиёт тибқи транзити дохилии гумрукӣ ҳангоми интиқол дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути нақлиёти ҳавоӣ ва боркашонҳои гумрукӣ истифода намешавад.
5. Рӯйхати моле, ки интиқолаш дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пардохти ҳатмии боҷҳои гумрукӣ ва андоз таъмин мегардад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
6. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад хати сайри интиқоли намудҳои алоҳидаи молро тибқи транзити дохилии гумрукӣ муқаррар намояд. Дар ҳолатҳои дигар хати сайр барои интиқоли намудҳои дигари мол, ки ҳангоми интиқоли он тавассути ҳудуди гумрукӣ ҳодисаҳои муттасил вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ё тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯият ва маҳдудиятҳо муқаррар гардидааст, муайян карда мешавад. Ҳамзамон хати сайрро интиқолдиҳанда интихоб менамояд. Хати сайрӣ аз ҷониби интиқолдиҳанда арзшуда ҳангоми интиқоли мол барои ӯ ҳатмӣ мебошад. Тағйир додани хати сайр бо иҷозати хаттии мақоми гумрук мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Моддаи 87. Мушоияти гумрукӣ
1. Мушоияти гумрукӣ - ҳамроҳи кардани воситаҳои нақлиёти интиқолдиҳандаи мол тибқи транзити дохилии гумрукӣ мебошад, ки аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти гумрук танҳо бо мақсади таъмини риояи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми транзити дохилии гумрукӣ анҷом дода мешавад.
2. Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад оид ба мушоияти гумрукӣ дар ҳолатҳои зерин қарор қабул кунад:
1) агар таъмини пардохти боҷи гумрукӣ дар асоси банди 1 қисми 2 моддаи 86 ҳамин Кодекс пешниҳод карда нашавад;
2) интиқоли намудҳои алоҳидаи мол, ки дар асоси системаи таҳлили хатар ва идораи онҳо тибқи ҳамин Кодекс муайян карда шуда бошад;
3) аз ҷониби интиқолдиҳанда ақалан як маротиба дар тӯли сол аз рӯзи муроҷиат барои иҷозати транзити дохилии гумрукии мол ба ҷойи таъинот расонида нашудааст ва он тибқи қарори эътибори қонуни пайдокарда дар хусуси таъини ҷазои маъмурӣ аз рӯи парвандаи қонуншиканиҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ тасдиқ шуда бошад;
4) баргашта баровардани моле, ки иштибоҳан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст ё моле, ки воридоти он манъ аст, агар маҳали интиқоли воқеии моли зикршуда аз сарҳади гумрукӣ ҳангоми содироти он бо маҳали ҷойгиршавии ин мол мувофиқат накунад;
5) интиқоли мол тибқи қисмҳои 6 ва 7 моддаи 80 ҳамин Кодекс;
6) интиқоли моле, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати он мамнӯият ва маҳдудият муқаррар шудааст.
3. Барои мушоияти гумрукӣ дар ҳаҷми муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷи гумрукӣ ситонида мешавад.
Моддаи 88. Вазифаҳои интиқолдиҳанда ҳангоми транзити дохилии гумрукӣ
Ҳангоми интиқоли мол тибқи транзити дохилии гумруки интиқолдиҳанда вазифадор аст:
1) мол ва ҳуҷҷатҳои онро мувофиқи мӯҳлати муайяннамудаи мақоми гумрук ба маҳали расонидани мол тибқи хати сайри дахлдор интиқол диҳад, агар ин хати сайрӣ муайян ё арзшуда бошад;
2) ҳифзи мол, тамғаю (пломбаю) мӯҳри гумрукӣ ё дигар воситаҳои ҳаммонандкуниро таъмин намояд, агар онҳо истифода шуда бошанд;
3) нисбати мол бе иҷозати мақомоти гумрук ба азнавборкунӣ, борфарорӣ, борбардорӣ ва амалиёти дигарро иҷозат надиҳад, ба истиснои азнавборкунии бор ба нақлиёти дигар, ки мувофиқи қисми 1 моддаи 89 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст.
Моддаи 89. Азнавборкунӣ, борфарорӣ, борбардорӣ ва дигар амалиёт нисбати мол
1. Азнавборкунӣ, борфарорӣ, борбардорӣ ва дигар намуди амалиёт, ки тибқи транзити дохилии гумрукӣ анҷом дода мешавад, бо иҷозати мақоми гумруки ирсолкунанда (қисми 1 моддаи 80) ё мақоми гумруке, ки дар минтақаи он амалиёти дахлдор амалӣ мегардад, анҷом дода мешавад. Агар аз нав бор кардани мол аз як воситаи нақлиёт ба воситаи дигари нақлиёт бе вайрон кардани тамғаю (пломбаю) мӯҳри гумрукӣ имконпазир бошад, чунин амал баъди огоҳонидани пешакии мақоми гумрук иҷозат дода мешавад. Тартиби огоҳониданро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012
№ 845).
2. Мақоми гумрук метавонад барои амалиёти боркунии мол дар ҳолатҳое иҷозат надиҳад, ки агар он боиси нобудшавии мол ё тағйирёбии хосияти он гардад.
Моддаи 90. Ҷавобгарии интиқолдиҳанда ва экспедитор ҳангоми транзити дохилии гумрукӣ
1. Ҳангоми нарасонидани моли хориҷӣ ба мақоми гумруки таъинот (қисми 1 моддаи 92) интиқолдиҳанда ё экспедитор, агар барои транзити дохилии гумрукӣ экспедитор иҷозат гирифта бошад, вазифадор аст боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳоро тибқи ҳамин Кодекс пардозад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012
№ 845).
Агар молро интиқолдиҳанда ба қабулкунанда ё шахси дигар бе иҷозати мақоми гумрук дода бошад, шахсе, ки ин борро ба соҳиби гирифтааст, барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул мебошад, агар муайян карда шавад, ки ҳангоми гирифтани ин мол ин шахс аз вайрон кардани қоидаҳои гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ буд ё бояд онро медонист.
2. Интиқолдиҳанда ва экспедитор барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул нестанд, дар сурате, ки агар ин мол дар натиҷаи садама, ҳодисаи рафънопазир ё талафи табиӣ дар шароити оддии интиқол (борбари) нобуд шудааст ё тамоман талаф шуда бошад.
Мақомоти гумрук ҳуқуқ надоранд ба интиқолдиҳанда ё экспедитор дар асоси он, ки интиқол тавассути хати сайри муайяншуда сурат нагирифтааст ё мӯҳлати муайяншудаи транзити дохилии гумрукӣ риоя нашудааст, оид ба пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз талабот пеш гузоранд, агар шароиту талаботи дигари муайянкардаи ҳамин боб иҷро шуда бошад.
3. Дар сурати ҳангоми транзити дохилии гумрукӣ аз нав бор кардани мол аз як воситаи нақлиёт ба воситаи дигари нақлиёт масъулияти пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба зиммаи интиқолдиҳандае (экспедиторе) хоҳад буд, ки барои транзити дохилии гумрукӣ иҷозат гирифтааст.
4. Ҳангоми интиқоли мол тавассути нақлиёти роҳи оҳан мутобиқи транзити дохилии гумрукӣ масъулият барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба зиммаи роҳи оҳан, ки молро талаф кардааст ё онро бе иҷозати мақомоти гумрук додааст, гузошта мешавад. Талабот оид ба супоридани пардохтҳои гумрукӣ ва андоз аз ҷониби мақомоти гумруки роҳи оҳани таъинот пешниҳод карда мешавад. Муқаррароти ҳамин қисм нисбати ҳолатҳое, ки агар иҷозати транзити дохилии гумрукӣ ба экспедитор дода шуда бошад, инчунин ҳангоми интиқоли мол тибқи муросилоти мустақими омехта, агар иҷозати транзити дохилии гумрукӣ ба интиқолдиҳандаи навъи дигари нақлиёт дода шуда бошад, татбиқ намегардад.
Моддаи 91. Тадбирҳои ҳангоми садама ва (ё) таъсири қувваи рафънопазир андешидашаванда, ки монеи интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт ҳангоми транзити дохилии гумрукӣ мегарданд
Ҳангоми садама ва (ё) таъсири қувваи рафънопазир интиқолдиҳанда вазифадор аст:
1) барои таъмини нигаҳдории мол ва воситаҳои нақлиёт тамоми тадбирҳои заруриро андешад;
2) дар бораи ҳодисаи рухдода ба мақоми дахлдори ваколатдори давлатӣ ва минбаъд ба мақоми гумруки наздиктарин бетаъхир хабар диҳад. Мақоми гумруки огоҳёфта вазифадор аст бетаъхир мақоми гумруки ирсолкунанда ва таъинотро огоҳ намояд, инчунин дар бораи имконияти интиқоли минбаъдаи мол бо риояи қоидаҳои транзити дохилии гумрукӣ қарор қабул кунад.
Мақомоти гумрук хароҷоти интиқолдиҳандаро вобаста ба андешидани тадбирҳои дар ҳамин модда пешбинишуда ҷуброн намекунанд.
Моддаи 92. Анҷоми расмиёти транзити дохилии гумрукии мол
1. Мақоми гумруке, ки дар он транзити дохилии гумрукӣ (мақоми гумруки таъинот) хотима меёбад, анҷоми транзити дохилии гумрукии молро дар мӯҳлати кӯтоҳтарини имконпазир, вале на дертар аз 24 соат аз лаҳзаи бақайдгирии расидани воситаи нақлиёт, бо роҳи ба интиқолдиҳанда додани гувоҳнома дар бораи анҷоми транзити дохилии гумрукӣ тибқи намунаи муайянкардаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба расмият медарорад, агар ҳангоми санҷиши ҳуҷҷатҳо ва ҳаммонандсозии мол ҳамин мақоми гумрук вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор накарда бошад.
2. Мақоми гумруки таъинот вазифадор аст расидани воситаи нақлиётро ба маҳали боррасонӣ дар мӯҳлати 2 соат аз лаҳзаи аз ҷониби интиқолдиҳанда пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои дар қисми 3 ҳамин модда зикршуда ба қайд гирад ва фавран, баъди бақайдгирӣ ба интиқолдиҳанда дар бораи расидани воситаи нақлиёт тибқи намунаи муайянкардаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тасдиқнома диҳад.
3. Барои анҷоми транзити дохилии гумруки интиқолдиҳанда вазифадор аст ба мақоми гумруки таъиноти мол, ҳуҷҷати назорати расидани мол (моддаи 81), инчунин ҳуҷҷатҳои дигари барои мол доштаашро дар давоми 1 соати расидани воситаи нақлиёт ба маҳали молрасонӣ ва ҳангоме, ки агар мол берун аз вақти кории мақоми гумрук расида бошад - дар давоми як соати оғози кори ҳамин мақоми гумрук пешниҳод намояд. Ҳангоми интиқоли мол тавассути нақлиёти роҳи оҳан мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои мазкур набояд аз 12 соат зиёд бошад.
4. Дар маҳали молрасонӣ то анҷоми транзити дохилии гумрукӣ воситаҳои нақлиёт дар минтақаи таҳти назорати гумрукӣ ҷойгир карда мешаванд. Ҷойгиркунии воситаҳои нақлиёт дар минтақаи назорати гумрукӣ барои ҳар вақту соат иҷозат дода мешавад.
5. Ҳангоми интиқоли мол ба маҳали молрасонӣ, ки маҳали ҷойгиршавии мақоми гумрук (қисми 6 моддаи 80) намебошад, транзити дохилии гумрукӣ метавонад бе пешниҳоди мол ба мақоми гумруки таъинот хотима ёбад.
Шахси барои транзити дохилии гумрукӣ иҷозатгирифта вазифадор аст молро барои нигаҳдорӣ қабул намуда, ба иҷрои амале, ки боиси тағйир ёфтани ҳолати мол, вайроншавии бастабандии он мегардад, роҳ надиҳад, истифода ва ихтиёрдории онро то лаҳзаи аз ҷониби мақоми гумрук тасдиқ наёфтани расонидани мол ба анборҳои нигаҳдории муваққатӣ, анбори гумрукӣ ё ҷойи дигар, ки тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи ҳамин боб чун ҷойи молрасони муайян шудааст, таъмин намояд. Зимнан, мол бояд дар бинои алоҳида ё дар майдони иҳоташуда, бо лавҳаи дорои иттилооте, ки ҳаммонандсозии онро имконпазир мегардонад, ҷой дода шавад.
Барои анҷом додани транзити дохилии гумрукӣ дар мақоми гумруки таъинот ҳамзамон бо ҳуҷҷатҳои дар қисми 3 ҳамин модда зикршуда дар давоми як шабонарӯзи расидани воситаҳои нақлиёт ба маҳали молрасонӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи қабули мол пешниҳод карда мешавад. Дар давоми се рӯзи пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳои зикршуда мақоми гумрук расидани молро тибқи намуна ва тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тасдиқ менамояд.
БОБИ 11. БОРКАШОНИ ГУМРУКӢ
Моддаи 93. Боркашони гумрукӣ
1. Боркашони гумрукӣ шахси ҳуқуқии ватание буда метавонад, ки ба Феҳристи боркашонҳои гумрукӣ дохил карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906).
2. Боркашони гумрукӣ интиқоли моли таҳти назорати гумрукӣ бударо тибқи ҳолат ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс анҷом медиҳад.
3. Боркашони гумрукӣ ҳуқуқ дорад минтақаи фаъолияти худро бо минтақаи як (якчанд) мақоми гумрук (мақомоти гумрук) маҳдуд созад.
4. Муносибати боркашони гумрукии мол бо ирсолкунандагони мол ё экспедиторҳо дар асоси шартнома муқаррар мегардад. Аз ҷониби боркашони гумрукӣ набастани шартнома оид ба интиқоли мол ҳангоми мавҷудияти имконияти бастани чунин шартнома иҷозат дода намешавад.
Моддаи 94. Шартҳои дохил намудан ба Феҳристи боркашонҳои гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906)
Шартҳои ба Феҳристи боркашонҳои гумрукӣ дохил намудан аз инҳо иборатанд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906):
1) фаъолият ҷиҳати интиқоли бор дар мӯҳлати на камтар аз ду сол;
2) таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;
3) мавҷуд будани иҷозатнома (литсензия) барои фаъолият дар соҳаи интиқоли бор, агар ба чунин намуди фаъолият мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад;
4) дар ихтиёр доштани (таҳти моликият, пешбурди хоҷагидорӣ, идоракунии оперативӣ ё таҳти иҷора) воситаҳои нақлиётӣ барои интиқоли мол истифодашаванда, аз ҷумла воситаҳои нақлиёти барои интиқоли мол бо тамғаю (пломбаю) мӯҳри гумрукӣ муносиб (моддаи 84);
5) мавҷудияти шартнома дар бораи суғуртаи хавфи масъулияти шаҳрвандии худ, ки мумкин аст дар натиҷаи зарар ба моли тибқи шартномаи интиқол ба интиқолдиҳанда супурдашуда ё аз сабаби вайрон кардани ӯҳдадориҳое, ки аз қарордод бармеояд, расад. Маблағи суғурта наметавонад аз андозаи 6000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо камтар бошад (Конун аз 06.10.2008с.
№ 437).
Эзоҳ: Бо мақсади истифодаи ҳамин боб таҳти воситаҳои нақлиёт инчунин воситаҳои нақлиёте, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бор мекашонанд, дар назар дошта шудааст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Моддаи 95. Ариза дар бораи дохил намудан ба Феҳристи боркашонҳои гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906)
1. Шахс ба Феҳристи боркашонҳои гумрукӣ дар асоси аризаи ӯ, мувофиқи муқаррароти моддаҳои 93 ва 94 ҳамин Кодекс дохил карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906).
2. Ариза дар бораи дохил намудан ба Феҳристи боркашонҳои гумрукӣ бояд инҳоро дар бар гирад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906):
1) муроҷиат ба мақоми гумрук бо хоҳиши дохил намудан ба Феҳристи боркашонҳои гумрукӣ (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906);
2) маълумот дар бораи номгӯй, шакли ташкилию ҳуқуқӣ, маҳали ҷойгиршавӣ, оид ба кушодани суратҳисобҳои бонкӣ, инчунин маълумот дар бораи миқдори сармояи оинномавии (ҷамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавӣ ё аъзоҳаққии аризадиҳанда;
3) маълумот дар бораи мӯҳлати иҷрои фаъолият дар соҳаи интиқоли бор ;
4) маълумот дар бораи нияти маҳдуд кардани минтақаи фаъолияти худ дар ҳудуди минтақаи як (якчанд) мақоми гумрук (мақомоти гумрук) ё маҳдуд накардани минтақаи фаъолияти худ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421);
5) маълумот дар бораи воситаҳои нақлиётӣ таҳти соҳибии худ қарордошта (миқдори умумӣ, тавсифи техникӣ), ки барои истифода ҳангоми иҷрои фаъолият ҳамчун боркашони гумрукӣ пешбинӣ мегардад, аз ҷумла оид ба воситаҳои нақлиёти барои интиқоли мол бо тамға (пломба) ва мӯҳрҳои гумрукӣ муносиб (моддаи 84);
6) маълумот дар бораи таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;
7) маълумот дар бораи шартномаи (шартномаҳои) суғурта кардани хавфи масъулияти шаҳрвандии аризадиҳанда.
3. Ба ариза барои дохил намудан ба Феҳристи боркашонҳои гумрукӣ иҷозатнома оид ба иҷрои фаъолият дар соҳаи интиқоли бор, агар чунин намуди фаъолият мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, инчунин ҳуҷҷатҳои зерини тасдиқкунандаи маълумоти пешниҳодшуда замима мегарданд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906):
1) маълумот дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ;
2) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи ихтиёрдории воситаҳои нақлиёте, ки барои истифода ҷиҳати иҷрои фаъолият ба сифати боркашони гумрукӣ ба инобат гирифта шудаанд;
3) маълумот дар бораи иҷозат доштани воситаҳои нақлиёт барои интиқоли мол бо тамға (пломба) ва мӯҳрҳои гумрукӣ;
4) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;
5) тасдиқномаҳои бонкҳо дар бораи дар онҳо кушода шудани суратҳисобҳо;
6) шартномаи (полиси) суғурта (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012
№ 845).
Моддаи 96. Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи боркашонҳои гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906)
1. Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи боркашони гумрукӣ инҳоро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906):
1) номи боркаши гумрукӣ, зикри шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва маҳали ҷойгиршавӣ;
2) маълумот дар бораи ҳаҷм ва шакли таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;
3) нишон додани минтақаи фаъолияти боркаши гумрукӣ, ҳангоме, ки он фаъолияти худро дар ҳудуди минтақаи фаъолияти як (якчанд) мақоми гумрук (мақомоти гумрук) маҳдуд карда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи боркашонҳои гумрукӣ дар давоми се сол эътибор дорад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906).
Моддаи 97. Вазифаҳои боркашони гумрукӣ
Боркаши гумрукӣ вазифадор аст:
1) шарт ва талаботи муқаррарнамудаи ҳамин Кодексро ҳангоми интиқоли моле, ки таҳти назорати гумрукӣ қарор доранд, риоя кунад;
2) баҳисобгирии моли таҳти назорати гумрукӣ қарордоштаро ба роҳ монад ва ба мақомоти гумрук дар бораи интиқоли чунин мол ҳисобот пешниҳод намояд (моддаи 405).
3) боҷу андозҳои гумрукиро дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 90 ҳамин Кодекс пардозад;
4) махфияти маълумотӣ аз ирсолкунанда, қабулкунандаи мол ё экспедитор гирифтаро нигоҳ дорад.
Моддаи 98. Бозхонди шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи боркашонҳои гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи боркашони гумруки дар ҳолатҳои зерин аз ҷониби мақоми гумрук бозхонда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) аз ҷониби боркашони гумрукӣ риоя нашудани ҳатто яке аз шартҳои дохил намудан ба Феҳристи боркашони гумрукӣ, ки моддаи 94 ҳамин Кодекс муқаррар кардааст (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906);
2) аз ҷониби боркашони гумрукӣ риоя нашудани ӯҳдадориҳои пешбининамудаи банди 3 моддаи 97 ҳамин Кодекс;
3) аз сабаби иҷро накардани ӯҳдадориҳо ҷалби чандинкаратаи боркаши гумрукӣ ба ҷавобгарии маъмури барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ.
БОБИ 12. НИГАҲДОРИИ МУВАҚҚАТИИ МОЛ
Моддаи 99. Нигаҳдории муваққатии мол
Нигаҳдории муваққатии мол расмиёти гумрукие мебошад, ки тибқи он моли хориҷӣ бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ва бе татбиқи маҳдудиятҳои нисбати он муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то иҷозат додани он мутобиқи низоми муайяни гумрукӣ ё то ҷойгиркунии онҳо таҳти расмиёти дигари гумрукӣ таҳти назорати гумрукӣ нигоҳ дошта мешавад.
Моддаи 100. Анборҳои нигаҳдории муваққатӣ
1. Нигаҳдории муваққатии мол дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ анҷом дода мешавад, агар ҳамин боб тартиби дигаре муқаррар накарда бошад.
Анборҳои нигаҳдории муваққатӣ биноҳои махсус ҷудогардида ва барои чунин мақсадҳо таҷҳизонидашуда ва (ё) майдончаҳои кушодае мебошанд, ки ба талаботи муқаррарнамудаи моддаи 107 ҳамин Кодекс мувофиқанд.
2. Анборҳои нигаҳдории муваққати минтақаи назорати гумрукӣ ба шумор мераванд.
3. Мол мумкин аст дар ҳама гуна анбори нигаҳдории муваққатӣ, бо назардошти маҳдудиятҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ҷойгир карда шавад.
Моддаи 101. Ҷойгиронии мол дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ
1. Дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ мумкин аст ҳама гуна моли хориҷӣ, аз ҷумла моле ҷойгир карда шавад, ки ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст (қисми 1 моддаи 12) (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Моле, ки мумкин аст ба моли дигар зарар расонад ё шароитҳои махсуси нигаҳдориро талаб кунад, бояд дар анборҳо ё дар биноҳои алоҳидаи анборҳои нигаҳдории муваққатӣ, ки барои нигаҳдории чунин мол мутобиқ гардонида шудаанд, бо риояи талаботи ҳатмии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта шавад.
3. Анборҳои нигаҳдории муваққатӣ мумкин аст дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 418 ва 435 ҳамин Кодекс барои нигаҳдории мол истифода бурда шавад.
Моддаи 102. Ҳуҷҷатҳое, ки барои ҷойгиронии молҳо дар анбори нигаҳдории муваққатӣ заруранд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845)
1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷойгиронии молҳо дар анбори нигаҳдории муваққатӣ декларатсияи мухтасар аст.
2. Декларатсияи мухтасар на дертар аз рӯзи дигари корӣ баъд аз ба мақоми гумрук пешниҳод намудани мол ва воситаҳои нақлиёт манзур мегардад. Агар дар давоми ин мӯҳлат молҳо таҳти низоми гумрукии муайян ҷой дода шаванд, декларатсияи мухтасар пешниҳод намегардад.
3. Декларатсияи мухтасар бояд дорои маълумоте бошад, ки дар ҳуҷҷатҳои молҳамроҳикунанда нишон дода шудаасту, барои ҳаммонандкунии молҳо зарур аст, инчунин дорои маълумот оид ба ҷойи нигаҳдории муваққатии молҳои воридшуда бошад.
4. Шакли декларатсияи мухтасар ва тартиби пур кардани онро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845).
Моддаи 103. Мӯҳлати нигаҳдории муваққатии мол
1. Мӯҳлати нигаҳдории муваққатии мол ду моҳ мебошад. Мақоми гумрук дар асоси дархости асосноки шахси манфиатдор мӯҳлати мазкурро тамдид мекунад. Тартиби тамдиди мӯҳлат аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар мегардад.
Мӯҳлати ниҳоии нигаҳдории муваққатии мол 4 моҳ мебошад, агар ҳамин модда мӯҳлати дигареро муқаррар накарда бошад.
2. Моли зуд вайроншаванда мумкин аст дар анбори нигаҳдории муваққатӣ дар доираи мӯҳлати ҳифзи сифати он, ки истифодаи ин молро тибқи таъиноташ имконпазир месозад, нигоҳ дошта шавад, вале ин мӯҳлат набояд аз мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда бештар бошад.
3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 12 ва қисми 8 моддаи 418 ҳамин Кодекс нигаҳдории муваққатии мол дар мӯҳлати дар ин моддаҳо зикршуда анҷом дода мешавад. Тамдиди ин мӯҳлатҳо иҷозат дода намешавад.
4. Баҳисобгирии мӯҳлати нигаҳдории муваққатии мол аз рӯзи ҷойгиронии он дар анбори нигаҳдории муваққатӣ ё аз рӯзе оғоз мешавад, ки мол тибқи ҳамин Кодекс дорои статуси моли ба таври муваққати нигаҳдоришаванда мегардад. Дар сурати истифодаи транзити дохилии гумрукӣ ҳангоми интиқоли мол аз маҳали расидан ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон то маҳали ҷойгиршавии мақоми гумрук баҳисобгирии мӯҳлати нигаҳдории муваққатии ин мол аз рӯзи анҷоми транзити дохилии гумрукӣ аз нав оғоз мегардад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
5. Мол баъди анҷоми мӯҳлатҳои пешбининамудаи ҳамин модда мутобиқи боби 57 ҳамин Кодекс ихтиёрдори карда мешавад.
Моддаи 104. Амалиёт бо моле, ки таҳти нигаҳдории муваққатӣ қарор дорад.
1. Шахсони ваколатдори мол ва намояндагони онҳо ҳуқуқ доранд бо моли таҳти нигаҳдории муваққатӣ қарордошта амалиёти муқаррарии барои таъмини нигаҳдории бетағйири мол заруриро анҷом диҳанд (аз ҷумла молро аз назар гузаронанд ва чен кунанд, дар ҳудуди анбори нигаҳдории муваққатӣ ҷойҳои онро иваз намоянд), ба шарте агар ин амалҳо боиси тағйири ҳолат, вайроншавии бастабандҳо ва (ё) тағйир додани воситаҳои ҳаммонандкунии гузошташуда нагарданд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Амалиёти дар қисми 1 ҳамин модда зикрнашударо (аз ҷумла, гирифтани чошнӣ ва намунаи мол, таъмири бастбанди мол, инчунини амалиёти баровардани мол аз анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ва интиқоли минбаъдаи он) шахсони ваколатдори мол ва намояндагони он бо иҷозати мақоми гумрук анҷом медиҳанд.
Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад чунин амалиётро танҳо дар сурате рад намояд, ки агар иҷрои он боиси талафот ва тағйирёбии ҳолати мол гардад.
Моддаи 105. Моли корношоям, харобгардида ва вайроншуда
Моле, ки дар натиҷаи садама ё таъсири қувваи рафънопазир дар давраи нигаҳдории муваққатии мол корношоям, вайрон ё хароб гаштааст, бояд таҳти низоми гумрукии арзнамудаи декларант ҷой дода шавад, чунон ки агар он ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли корношоям, харобгардида ё вайроншуда ворид карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 106. Навъҳои анборҳои нигаҳдории муваққатӣ
1. Анборҳои нигаҳдории муваққатӣ метавонанд пӯшида ва кушода бошанд.
2. Анборҳои нигаҳдории муваққатӣ агар барои истифодаи ҳама гуна мол ва ҳама гуна шахс дастрас бошанд, анборҳои кушода ба ҳисоб мераванд.
3. Анборҳои нигаҳдории муваққатӣ агар барои нигаҳдории моли соҳиби анбор (моддаи 108) ё барои нигаҳдории моли муайян, аз ҷумла муомилоташ маҳдуд ва (ё) талабкунандаи шароити махсуси нигаҳдори пешбинӣ шуда бошад, анборҳои пӯшида мебошанд.
Моддаи 107. Талабот нисбати ободонӣ, таҷҳизонӣ ва маҳали ҷойгиршавии анборҳои нигаҳдории муваққатӣ
1. Биноҳо ва (ё) майдончаҳои кушода, ки барои истифода ба сифати анборҳои нигаҳдории муваққатӣ таъин гардидаанд, бояд тавре обод ва таҷҳизонида шаванд, ки ҳифзи молро таъмин намоянд ва дастрасии шахсони бегонаро (ки кормандони анбор нестанд, нисбати мол ваколатдор ё намояндаи шахси ваколатдор нисбати мол намебошанд) имконнопазир гардонанд, инчунин имконият диҳанд, ки назорати гумруки нисбати чунин мол анҷом дода шавад.
2. Биноҳо ва ё майдончаҳои кушода, ки барои истифода ба сифати анборҳои нигаҳдории муваққатӣ пешбинӣ шудаанд, бояд дорои ҳудуди муҳофизатшаванда бошанд, ки воситаҳои нақлиёти интиқолдиҳандаи мол дар мӯҳлати барои анҷом додани транзити дохилии гумруки зарурӣ таваққуф кунанд. Ин ҳудуд минтақаи назорати гумрукӣ ҳисоб карда мешавад. Воситаҳои нақлиётие, ки бори таҳти назорати гумрукиро интиқол медиҳанд, метавонанд ба ин минтақа дар ҳама вақти шабонарӯз дохил шаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678).
3. Мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ барои ободонӣ, таҷҳизонӣ ва маҳали ҷойгиршавии анборҳои нигаҳдории муваққатӣ бо мақсади таъмини назорати гумрукӣ талаботи ҳатмӣ муқаррар менамояд.
4. Бо қарори мақоми гумрук талаботи алоҳидаи барои ободонӣ ва таҷҳизонии анборҳои пӯшида пешбининамудаи ҳамин модда метавонад нисбати анборҳои дар ҳудуди корхонаҳо қарордошта, ки соҳиби онҳо фаъолияти истеҳсолиро анҷом медиҳад, истифода нагардад, агар меъёрҳои муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда риоя карда шавад.
Эзоҳ: Бо мақсади истифодаи ҳамин модда таҳти мафҳуми воситаи нақлиёт воситаи нақлиёте фаҳмида мешавад, ки тавассути он дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мол интиқол дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 108. Соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ
1. Соҳиби анбори нигаҳдории муваққати шахси ҳуқуқии ватание буда метавонад, ки ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ дохил карда шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
2. Соҳиби анбори нигаҳдории муваққати нигаҳдории моли таҳти назорати гумрукӣ қарордоштаро тибқи ҳолат ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс таъмин менамояд.
3. Муносибати соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ бо шахсоне, ки моли худро дар он нигаҳ медоранд, дар асоси шартнома ба роҳ монда мешавад. Агар барои бастани шартнома ҷиҳати нигаҳдории мол дар анбори нигаҳдории муваққатӣ шароит мавҷуд бошад (ба истиснои анбори пӯшида, ки барои нигаҳдории моли соҳиби анбор истифода мегардад), соҳиби анбори гумрукӣ наметавонад аз бастани шартнома саркашӣ кунад.
4. Соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ метавонанд мақомоти гумрук бошанд, ки бе дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ба фаъолият ба сифати соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ (моддаи 115) машғуланд. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ вазифадор аст номгӯи анборҳои нигаҳдории муваққатиеро, ки соҳибони онҳо мақомоти гумрук мебошанд, инчунин тағйироти ба ин номгӯи дохилшударо на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ дар нашрияҳои расмии худ ва сомонаи расмии интернетии худчоп кунад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678, аз 19.07.2022 № 1906).
Моддаи 109. Шартҳои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
1. Шартҳои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ аз инҳо иборатанд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906):
1) соҳибии (таҳти моликият, пешбурди хоҷагидорӣ ё таҳти иҷора будани) анборҳои кушода, бино ва (ё) майдончаҳои кушодаи барои истифодаи нигаҳдории муваққатӣ ва ба сифати анборҳои нигаҳдории муваққатӣ таъингардида, ки ҷавобгӯи талаботи муқарраргардида мебошанд (моддаи 107);
2) таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мувофиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;
3) мавҷудияти қарордод дар бораи суғуртаи хавфи масъулияти шаҳрвандии худ, ки мумкин аст дар натиҷаи расонидани зарар ба моли таҳти нигаҳдори мавҷудбудаи шахси дигар ё вайрон кардани шартҳои дигари нигаҳдорӣ бо шахсони дигар фаро расад. Маблағи суғурта, ки дар доираи он суғуртакунанда ӯҳдадор шудааст ҳангоми фарорасии ҳар як ҳолати суғурта зарари ба моликияти шахсон расонидашударо ҷуброн намояд, тибқи масоҳати муфид ё ҳаҷми муфид ба ҳисоб гирифта шуда, агар ба сифати анбори гумрукӣ майдончаи кушода истифода шуда бошад, аз ҳисоби ҳаҷми 5 - нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як метри мураббаи масоҳати муфид ё агар ба сифати анбори гумрукӣ бино истифода шуда бошад, аз ҳисоби ҳаҷми 2 - нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як метрии мукааби масоҳати муфид муқаррар карда мешавад, вале он наметавонад аз ҳаҷми 8000 - нишондиҳанда барои ҳисобҳо камтар бошад (Конун аз 06.10.2008с.
№ 437).
2. Агар соҳибии бино ва (ё) майдончаи кушода дар асоси шартномаи иҷора амалӣ гардад, пас чунин шартнома бояд ба мӯҳлати на камтар аз як сол аз рӯзи додани ариза ҷиҳати дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ баста шавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906).
Моддаи 110. Ариза барои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906)
1. Шахс ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ дар асоси аризаи ҷавобгӯи талаботи муқаррарнамудаи моддаҳои 108 - 109 ҳамин Кодекс дохил карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906).
2. Ариза барои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ бояд инҳоро дар бар гирад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906):
1) муроҷиат ба мақомоти гумрук барои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906);
2) маълумот дар бораи номгӯй, шакли ташкилию ҳуқуқӣ, маҳали ҷойгиршавӣ, кушодани суратҳисобҳои бонкӣ, инчунин андозаи сармояи оинномавии (ҷамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавӣ ё аъзоҳаққии аризадиҳанда;
3) маълумот дар бораи навъи анбори нигаҳдории муваққатӣ (барои анбори пӯшида, инчунин асоснокии зарурат ва ба мақсад мувофиқ будани интихоби чунин анбор);
4) маълумот дар бораи биноҳо ва (ё) майдончаҳои кушодае, ки дар ихтиёри аризадиҳанда қарор дошта, барои истифода ба сифати анбори нигаҳдории муваққатӣ дар назар гирифта шудаанд, маҳали ҷойгиршавии онҳо, ободонӣ, таҷҳизонӣ ва таъминоти моддию техникӣ;
5) маълумот дар бораи таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;
6) маълумот дар бораи шартномаи (шартномаҳои) суғуртаи хавфи масъулияти шаҳрвандии аризадиҳанда.
3. Ба аризаи дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ҳуҷҷатҳои зерине, ки тасдиқкунандаи маълумоти пешниҳодшуда мебошанд, замима мегарданд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906):
1) гувоҳнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ;
2) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи ихтиёрдории биноҳо ва (ё) майдончаҳои кушода, ки барои истифода ҳамчун анбори нигаҳдории муваққатӣ таъин гардидаанд;
3) лоиҳаҳо ва нақшаҳои биноҳо ва (ё) майдончаҳои кушода, ки барои истифода ҳамчун анбори нигаҳдории муваққатӣ таъин гардидаанд;
4) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;
5) тасдиқномаҳои бонкҳо дар бораи дар ин бонкҳо кушодани суратҳисобҳо;
6) шартномаи (полиси) суғурта (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845).
4. Барои ҳар бинои аз нигоҳи ҳудуд махсусгардонидашуда ва (ё) ҳар майдончаи кушодаи аз нигоҳи ҳудуд махсусгардонидашуда, ки барои истифода ҳамчун анбори нигаҳдории муваққатӣ таъингардида, аризаи алоҳида пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 111. Шаҳодатнома барои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
1. Соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ба ҳар як бинои ҳудудан махсусгардонидашуда ё ҳар майдончаи кушодаи ҳудудан махсусгардонидашуда, ки ба сифати анбори нигаҳдории муваққатӣ истифода мегардад, дохил карда мешавад. Ба ҳар як бинои ҳудудан махсусгардонидашуда ё ҳар майдончаи кушодаи ҳудудан махсусгардонидашуда, ки ба сифати анбори нигаҳдории муваққатӣ истифода мегардад, барои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ шаҳодатномаи алоҳида дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
2. Шаҳодатнома барои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ инҳоро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) номи соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ, шакли ҳуқуқию ташкилии он ва зикри маҳали ҷойгиршавиаш;
2) маълумот дар бораи ҳуқуқи ихтиёрдории бино ва (ё) майдончаи кушода, ки ба сифати анбори нигаҳдории муваққатӣ истифода бурда мешавад;
3) маълумот дар бораи таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;
4) зикри навъи анбори нигаҳдории муваққатӣ;
5) зикри маҳали ҷойгиршавии анбори нигаҳдории муваққатӣ.
3. Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ дар давоми се сол эътибор дорад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
Моддаи 112. Вазифаҳои соҳиби анборҳои нигаҳдории муваққатӣ
1. Соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ вазифадор аст:
1) шарт ва талаботи муқаррарнамудаи ҳамин Кодексро нисбати нигаҳдории мол, ки таҳти назорати гумрукӣ қарор доранд, таъмин намояд.
2) баҳисобгирии нигаҳдории моли таҳти назорати гумрукӣ қарордоштаро анҷом дода, ба мақомоти гумрук дар бораи нигаҳдории ин мол (моддаи 405) ҳисобот пешниҳод намояд;
3) ҳифзи моли дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ мавҷуда ва воситаҳои нақлиёти дар ҳудуди ҳамшафати он бударо, ки минтақаи назорати гумрукӣ ҳисоб мешавад, таъмин намояд,
4) имконияти ҷойгиркунии шабонарӯзии мол ва воситаҳои нақлиётро дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ё дар ҳудуди ҳамшафат ба анбор, ки минтақаи назорати гумрукӣ ҳисоб мешавад, таъмин намояд,
5) бе иҷозати мақоми гумрук имконнопазирии дастрасии шахсони бегонаро ба мол ва воситаҳои нақлиёти дар анбори мазкур ё ҳудуди ҳамшафати он таъмин намояд,
6) дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 90 ҳамин Кодекс, агар соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ ба транзити дохилии гумрукӣ иҷозат дошта бошад, боҷи гумрукӣ ва андозро мепардозад.
2. Соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ ҳангоми талаф ё бе иҷозати мақомоти гумрук додани моли дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ҷойгиршуда барои супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул мебошад. Соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз танҳо ҳангоме масъул намебошад, ки агар мол дар натиҷаи садама, таъсири қувваи рафънопазир ё нобудшавии табиӣ дар шароити муқаррарии нигаҳдорӣ тамоман талаф ёфта бошад.
Моддаи 113. Бозхондани шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
Шаҳодатнома барои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ дар ҳолатҳои зерин бозхонда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) аз ҷониби соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ риоя нашудани ҳатто яке аз шартҳои талаботи Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ, ки моддаи 109 ҳамин Кодекс муқаррар кардааст (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906);
2) аз ҷониби соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ риоя нашудани талаботи банди 6 қисми 1 моддаи 112 ҳамин Кодекс;
3) ҷалби чандкаратаи соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ.
Моддаи 114. Амалиёт бо мол ҳангоми аз Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ хориҷ намудани соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
Ҳангоми бозхондани шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ё хориҷ намудани соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ аз ин Феҳрист моли дар анбори нигаҳдории муваққатӣ қарордошта бояд аз ҳисоби вай, дар давоми 2 моҳи баъди рӯзи хориҷшавӣ фарорасанда ба анбори дигари нигаҳдории муваққати гузаронида шавад. Аз рӯзи дигари баъди хориҷ кардани соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ аз Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ба ҷойгиркунии мол дар анбори нигаҳдории муваққатӣ иҷозат дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
Моддаи 115. Нигаҳдории мол дар анборҳои нигаҳдории муваққатии мақомоти гумрук
1. Анборҳои нигаҳдории муваққатии мақомоти гумрук анборҳои кушода буда, бояд ба талаботи муқаррарнамудаи моддаи 107 ҳамин Кодекс ҷавобгӯ бошанд.
2. Ҳангоми нигаҳдории мол дар анборҳои нигаҳдории муваққатии мақомоти гумрук муносибатҳои мутақобилаи мақомоти гумрук бо шахсоне, ки молро дар ин анборҳо ҷойгир намудаанд, тибқи ҳамин Кодекс ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Нисбати шартномае, ки мақоми гумрук бо шахси ҷойдиҳандаи мол дар анбори нигаҳдории муваққатӣ мебандад, талаботи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои шартномаи оммавӣ муқаррар шудаанд, татбиқ мегардад. Агар барои бастани шартнома ҷиҳати нигаҳдории мол дар анбори нигаҳдории муваққатӣ шароит мавҷуд бошад, соҳиби анбори гумруки наметавонад аз бастани шартнома саркаши кунад.
Барои нигаҳдори дар анбори нигаҳдории муваққати қабул намудани мол мақоми гумрук ба шахси молро ҷойгирнамуда мувофиқи намунаи муайянкардаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ расид медиҳад.
3. Ҳуқуқ, вазифа ва масъулияти мақомоти гумрук вобаста ба нигаҳдории мол аз ҷониби ин мақомот аз моҳияти ӯҳдадориҳо тибқи муқаррароти умумии нигаҳдорӣ бармеояд, ки қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти муқаррароти ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст.
Мақоми гумрук барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳангоми талаф шудани моли дар анбори нигаҳдории муваққатӣ қарордошта ҷавобгар мебошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар мол дар натиҷаи садама, таъсири қувваи рафънопазир ё талафи табиӣ дар шароити мӯътадили нигаҳдорӣ тамоман нобуд шуда бошад.
4. Барои нигаҳдории мол дар анбори нигаҳдории муваққатии мақоми гумрук мувофиқи шартнома музд ситонида мешавад. Ҳаққи пардохт барои нигаҳдории мол дар анбори нигаҳдории муваққатӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 116. Хусусиятҳои нигаҳдории муваққатии моле, ки тавассути нақлиёти роҳи оҳан интиқол дода мешавад
1. Тибқи дархости роҳи оҳан нигаҳдории мувакқатии моли тавассути нақлиёти роҳи оҳан интиқолёбанда то фаровардани он мустақиман дар воситаҳои нақлиёти дар хатҳои роҳи оҳан қарордоштаи ин роҳи оҳан, дар ҷойҳое, ки анбори нигаҳдории муваққатӣ нестанд ва маҳали ҷойгиршавии он бо мақомоти гумрук мувофиқа шудааст, иҷозат дода мешавад.
Маҳалҳои мазкур минтақаи назорати гумрукӣ ба шумор мераванд. Роҳи оҳан вазифадор аст амнияти молро таъмин намуда, дастрасии шахсони бегонаро ба он истисно намояд.
2. Моле, ки дар воситаҳои нақлиёт дар минтақаи назорати гумрукӣ нигаҳдорӣ мешаванд, тибқи ҳамин модда барои мақсади гумрукӣ ҳамчун моли таҳти нигаҳдории мувақкатӣ қарордошта баррасӣ мегарданд. Фаровардани бор ва интиқоли он ба маҳалҳои дигар бо иҷозати мақоми гумрук анҷом дода мешавад.
3. Ҳангоми талафи моли дар воситаҳои нақлиёти дар минтақаи назорати гумрукӣ қарордошта ё бе иҷозати мақомоти гумрук додани он, масъулияти пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо ба зиммаи роҳи оҳан мебошад.
Моддаи 117. Нигаҳдории муваққатӣ дар анбори гирандаи мол
1. Бо иҷозати мақоми гумрук нигаҳдории муваққатӣ метавонад дар анборҳои гирандаи мол дар ҳолати зайл анҷом дода шавад:
1) ҳангоми истифодаи расмиёти махсуси соддагардонидашуда танзимгари ваколатдори иқтисодӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1678);
2) ҳангоми зарурати нигаҳдории муваққатии моле, ки шароити махсуси нигаҳдориро тақозо менамоянд, агар дар маҳали наздиктарин барои нигаҳдории чунин мол анбори махсусгардонидашуда мавҷуд набошад.
2. Ҳангоми додани иҷозат барои нигаҳдории муваққатӣ дар анборҳои қабулкунандаи мол мақоми гумрук ҳуқуқ дорад таъмини супоридани пардохтҳои гумрукиро талаб намояд.
3. Қабулкунандаи бор ҳангоми нигаҳдории мол дар анбор худ вазифадор аст ҳамаи дигар талаботи ҳамин моддаро риоя намояд. Дар анборҳои қабулкунандаи мол ба нигаҳдории моли хориҷие, ки ба шахсони сеюм таалуқ доранд, иҷозат дода намешавад.
Моддаи 118. Ҷойгир намудани мол дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ аз ҷониби мақомоти гумрук
1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 12, моддаҳои 418 ва 435 ҳамин Кодекс мол метавонанд дар анборҳои нигаҳдории муваққатии мақомоти гумрук ҷойгир карда шаванд.
Подош барои нигаҳдорӣ ва ҷуброни хароҷот ба соҳиби анборҳои нигаҳдории муваққатӣ дар ҳолатҳои зикргардида аз ҳисоби шахсони дар ҳамин моддаҳо муқарраршуда анҷом дода мешавад.
2. Агар хароҷоти нигаҳдорӣ аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ сурат гирад, ин хароҷот ба соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ аз ҷониби мақомоти гумрук дар доираи ҳаҷми зарурӣ ва хароҷоти ҳуҷҷатан тасдиқгардида, ки соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ масраф намудааст, ҷуброн карда мешавад.
БОБИ 13. БАРОВАРДАНИ МОЛ ВА ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ АЗ ҲУДУДИ ГУМРУКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421)
Моддаи 119. Маҳал ва мӯҳлати баровардани мол ва воситаҳои нақлиёт аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421)
1. Баровардани мол ва воситаҳои нақлиёт аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - баровардани мол ва воситаҳои нақлиёт) дар нуқтаҳои гузаргоҳҳо аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд ва дар вақти кории мақомоти гумрук (моддаи 466) иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Муқаррароти ҳамин модда нисбати моли тавассути роҳҳои дарёӣ ва ҳавоӣ интиқолёбанда, ки аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таваққуф дар бандарҳо ё фурудгоҳҳои воқеъ дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон убур мекунанд, татбиқ намегардад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Моддаи 120. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумот
1. Мол ва воситаҳои нақлиёт бо иҷозати мақомоти гумрук бароварда мешаванд.
2. Барои гирифтани иҷозат аз мақоми гумрук ҷиҳати баровардани мол ва воситаҳои нақлиёт ба мақоми гумрук ҳуҷҷатҳои гумрукии тасдиқкунандаи нигаҳдории ин мол таҳти низоми гумрукӣ, ки баровардани молро аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
3. То баровардани мол ва воситаҳои нақлиёт интиқолдиҳанда вазифадор аст ба мақоми гумрук ҳуҷҷатҳо ва маълумоти пешбининамудаи моддаҳои 73 - 76 ҳамин Кодексро вобаста ба навъи нақлиёти интиқолдиҳандаи моли байналмилалӣ пешниҳод намояд.
Агар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда дорои маълумоти пешбининамудаи моддаҳои 73 - 76 ҳамин Кодекс набошанд, интиқолдиҳанда вазифадор аст ба мақоми гумрук маълумоти заруриро бо усули пешниҳоди дигар ҳуҷҷатҳои дар ихтиёраш буда ё ҳуҷҷатҳои иловагие, ки дар шакли соддагардонидашуда таҳия намудааст, манзур дорад.
Мақоми гумрук ҳуқуқ надорад аз интиқолдиҳанда маълумоти дар моддаҳои 73 - 76 ҳамин Кодекс пешбининашударо талаб намояд.
Аз номи интиқолдиҳанда ҳуҷҷатҳо ва маълумотро метавонад ҳар шахси дигари ваколатдорнамудаи ӯ пешниҳод намояд.
Моддаи 121. Боркунии мол ба воситаи нақлиёте, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ мешавад
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421)
1. Боркунии мол ба воситаи нақлиёти аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷшаванда баъди аз ҷониби мақоми гумрук қабул кардани декларатсияи гумрукӣ ва дар ҳуҷҷатҳои бору нақлиёт гузоштани штампи "Ба боркуни иҷозат дода шудааст" иҷозат дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ҳангоми барасмиятдарории гумрукии мол мақоми гумрук пешниҳоди молро барои санҷиш талаб нанамояд, инчунин агар интиқоли мол тибқи низоми гумрукии транзити байналмилалии гумрукӣ қарор дошта бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Шахсони мансабдори мақомоти гумрук бо мақсади азназаргузаронии мол ҳуқуқ доранд ҳангоми боркунии он ба нақлиёти аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон убуркунанда иштирок намоянд. Дар ин ҳолат мол дар маҳале, ки ҷойгиронии он бо мақомоти гумрук мувофиқа шудааст ва дар вақти кории мақоми гумрук бор карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Бо дархости шахси манфиатдор мақоми гумрук ҳуқуқ дорад ба боркунии берун аз вақти кории ин мақом тибқи моддаи 466 ҳамин Кодекс иҷозат диҳад.
Моддаи 122. Талабот нисбати мол ҳангоми баровардани он аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421)
1. Мол бояд аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан тибқи ҳамон теъдод ва ҳолате, ки ҳангоми ҷойгиронии он таҳти низоми муайяни гумрукӣ қарор дошт, бароварда шавад, ба истиснои тағйирёбии теъдод ва ҳолати мол дар натиҷаи фарсудашавии табиӣ, талаф ё тағйирёбии хосияти табиии мол ҳангоми интиқоли мӯътадил, инчунин тағйирёбии теъдоди он дар натиҷаи қисмате, ки дар воситаи нақлиёти интиқолдиҳанда боқӣ мемонад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Ҳангоми талаф ё дигар шудани ҳолати мол дар натиҷаи садама ё таъсири қувваи рафънопазир ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи регламент ва стандартҳои амалкунандаи техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ҳангоми тағйир ёфтани маълумот дар бораи миқдори мол аз сабаби норасоии усули андозагири шахс барои риоя накардани муқаррароти ҳамин модда ҷавобгар намебошад.
3. Ҳангоми пешниҳоди мол ба мақоми гумруки маҳали баровардани он ва дархости декларант мақоми гумрук миқдори моли воқеан баровардашударо тасдиқ менамояд.
БОБИ 14. ДЕКЛАРАТСИЯ КАРДАНИ МОЛ
Моддаи 123. Моле, ки бояд декларатсия карда шавад
Мол ҳангоми интиқол аз сарҳади гумрукӣ, тағйири низоми гумрукӣ, инчунин дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи моддаҳои 183, 184, 247 ва 435 ҳамин Кодекс бояд декларатсия карда ба мақоми гумрук пешниҳод шавад.
Моддаи 124. Декларатсия кардани мол
1. Мол бо роҳи ба мақомоти гумрук дар шакли муқарраршуда арз намудани маълумоти боэътимод дар бораи мол, низоми гумрукии он ва маълумоти дигари барои мақсадҳои гумрук зарурӣ (ба таври хаттӣ, шифоҳӣ, конклюдентӣ ва электронӣ) декларатсия карда мешавад.
Мол аз ҷониби декларант ё брокери гумрук (намоянда) (боби 15) бо интихоби декларант декларатсия карда мешавад.
2. Шакл ва тартиби декларатсия кардани мол дар ҳолатҳое, ки ҳамин Кодекс танзим нанамудааст, аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумруки муайян карда мешавад.
3. Рӯйхати маълумоте, ки бояд дар декларатсияи гумрукӣ зикр гардад, танҳо бо маълумоте маҳдуд мегардад, ки барои мақсадҳои ҳисоб ва ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ташаккули омори гумрукӣ ва татбиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошанд.
4. Ҳангоми истифодаи декларатсияи гумрукӣ ба сифати ҳуҷҷати баҳисобгирӣ бо мақсади назорати асъор, ки мақомоти гумрук анҷом медиҳанд, дар декларатсияи гумрукӣ бояд маълумоте низ зикр шаванд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими асъор ва назорати асъор барои чунин мақсадҳо заруранд.
5. Декларатсияи гумрукӣ аз ҷониби тартибдиҳандаи он тасдиқ ва аз ҷониби корманди ин шахси ҳуқуқӣ имзо карда мешавад. Декларатсия бо роҳи гузоштани мӯҳр тасдиқ карда мешавад, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси тартибдиҳандаи декларатсияи гумрукӣ мӯҳр дошта бошад.
6. Номгӯи маълумоте, ки бояд дар декларатсияи гумрукӣ зикр гардад ва шакли пешниҳоди онҳо бояд расман чоп карда шаванд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ, ки номгӯи маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ зикршавандаро муайян мекунанд, тибқи моддаи 4 ҳамин Кодекс эътибори қонуни пайдо мекунанд.
Моддаи 125. Маҳали декларатсия кардани мол
1. Декларатсияи гумрукӣ мумкин аст ба ҳар мақоми гумрукӣ дорои ҳуқуқи қабули декларатсия пешниҳод гардад.
2. Бо мақсади таъмини самаранокии назорати риояи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуқуқ дорад мақоми гумруки дахлдорро барои декларатсияи намудҳои алоҳидаи мол танҳо дар ин ҳолатҳо муайян кунад:
1) ҳангоми зарурати истифодаи таҷҳизоти махсусгардонидашуда ва (ё) донишҳои махсус барои барасмиятдарории гумрукии чунин мол ба монанди арзишҳои фарҳангӣ, аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва лавозимоти ҷангӣ, маводи радиоактивӣ ва таҷзияшаванда;
2) вобаста ба навъи нақлиёти мавриди истифодаи интиқоли моли байналмилалӣ истифодашаванда (автомобилӣ, дарёӣ, ҳавоӣ, роҳи оҳан, қубурӣ ва хатӣ интиқоли барқ);
3) ҳангоми интиқоли намудҳои алоҳидаи мол аз сарҳади гумрукӣ, ки нисбати онҳо вайронкунии қонунгузории гумруки муттасил ба қайд гирифта шудааст ё мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯият ва маҳдудият муқаррар гардидааст;
4) ҳангоми зарурати назорати махсуси моли алоҳидаи дорои объекти моликияти зеҳни (интеллектуалӣ) тибқи номгӯи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Дар сурати пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ ба мақоми дигари гумрук, ки қисми 2 ҳамин модда муайян намудааст, декларатсияи гумрукӣ дар рӯзи пешниҳод аз ҷониби мақоми гумрукие, ки декларатсияи гумрукиро гирифтааст, ба мақомоти гумрукии дахлдор фиристода мешавад.
Мӯҳлати қабули декларатсияи гумрукӣ (моддаи 132) дар чунин ҳолат ба мӯҳлате тамдид мегардад, ки барои ирсоли он зарур аст, вале набояд аз ду рӯзи кори зиёд бошад.
4. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ, ки ҷойи декларатсияи баъзе навъҳои молро муайян кардааст, тибқи моддаи 4 ҳамин Кодекс эътибори қонуни пайдо мекунанд.
1. Ба сифати декларант шахсони дар моддаи 15 ҳамин Кодекс зикргардида, инчунин дигар шахсоне, ки тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи муқаррароти қисми 2 ҳамин модда ҳуқуқи ихтиёрдории молро доранд, метавонанд баромад намоянд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Танҳо шахси ватанӣ декларант буда метавонад, ба истиснои ҳолатҳои интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ:
1) аз ҷониби шахсони воқеӣ барои истифодаи шахсӣ, оилавӣ, хонаводагӣ ва дигар эҳтиёҷоте, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ марбут нест;
2) аз ҷониби шахсони хориҷие, ки аз имтиёзҳои гумрукӣ тибқи боби 39 ҳамин Кодекс истифода мебаранд;
3) аз ҷониби ташкилотҳои хориҷие, ки намояндагиашон дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта (аккредитатсия) шудаанд, ҳангоми ариза ба мақоми гумрук таҳти низомҳои гумрукии воридоти муваққатӣ, реэкспорт, транзит, инчунин низоми гумрукии иҷозат барои муомилоти озоди мол, ки барои истифодаи шахсии ҳамин намояндагиҳо ворид карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
4) аз ҷониби интиқолдиҳандагони хориҷӣ ҳангоми арзи низоми гумрукии транзит;
5) дигар ҳолатҳое, ки шахси хориҷӣ барои ихтиёрдории мол дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз доираи муомилоти иқтисодии хориҷӣ ҳуқуқ дорад ва яке аз тарафҳои он шахси ватанӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 127. Ҳуқуқу вазифаҳои декларант
1. Ҳангоми декларатсияи мол ва иҷрои дигар амалҳои гумруки, ки барои иҷозати мол зуруранд, декларант ҳуқуқ дорад:
1) моли декларатсияшавандаро аз ҷумла то пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ аз назар гузаронад ва онҳоро чен кунад;
2) бо иҷозати мақоми гумрук чошнӣ ва намунаи моли декларатсияшавандаи ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавандаро гирад. Декларатсияи гумрукии алоҳида барои гирифтани чошнӣ ва намунаи мол ба шарте пешниҳод карда намешавад, ки агар чунин чошнӣ ва намуна дар декларатсияи гумрукии мол нишон дода шаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
3) ҳангоми азназаргузаронии моли декларатсияшаванда (моддаҳои 412 ва 413), дар сурати аз ҷониби шахси мансабдори мақоми гумрук гирифтани чошнӣ ва намунаи мол иштирок кунад (моддаи 424);
4) бо натиҷаҳои тадқиқотҳои дар мақоми гумрук мавҷудаи чошнӣ ва намунаи моли декларатсияшавандаи худ шинос шавад;
5) барои декларатсия кардани мол дар шакли ҳуҷҷатҳои электронӣ ҳуҷҷатҳо ва маълумоти заруриро тибқи ҳамин Кодекс пешниҳод намояд;
6) аз дигар ваколатҳо ва ҳуқуқҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс истифода барад.
2. Ҳангоми декларатсия кардани мол ва анҷом додани дигар расмиёти гумрукӣ декларант вазифадор аст:
1) ба мақоми гумрук декларатсияи гумрукӣ, маълумот ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд (моддаи 131);
2) бо талаби мақоми гумрук моли декларатсияшавандаро пешниҳод намояд;
3) тибқи фасли 3 ҳамин Кодекс боҷҳои гумрукӣ ва андозро пардозад ё пардохти онҳоро таъмин намояд.
3. Декларант барои риоя накардани вазифаҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда, дарҷ намудани маълумоти носаҳеҳ дар декларатсияи гумрукӣ, инчунин барои ба брокери гумрукӣ (намоянда) пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои беэътибор, аз ҷумла қалбакӣ ва (ё) дорои маълумоти баръало бардурӯғ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1932).
Моддаи 128. Хусусиятҳои хоси декларатсия кардани моли мухталифи марбут ба як партия
1. Бо хоҳиши декларант моли мухталифи як партия метавонад бо нишон додани як рамзи таснифотии Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ декларатсия карда шавад, ба шарте агар ба ин рамзи таснифоти мувофиқат кунанд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1422):
1) меъёри нисбатан баланди боҷҳои гумрукӣ (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347);
2) меъёри нисбатан баланди аксизи гумрукӣ (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347);
3) меъёри нисбатан баланди андоз аз арзиши изофашуда (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347);
4) коди ин мол ба сатҳи 4 рақами аввал мувофиқат кунад.
2. Маълумот дар бораи номгӯй ва теъдоди моли як партия аз ҷониби декларант бо роҳи пешниҳоди рӯйхати мол арз карда мешавад. Ба сифати чунин рӯйхат шарҳи номнависи (спетсификатсияи) бор, варақаи бастабандӣ, рӯйихат ва дигар ҳуҷҷатҳои шабеҳ истифода бурда мешавад. Барои мақсадҳои гумрукӣ рӯйхати мол ба сифати қисми таркибии декларатсияи гумрукӣ баррасӣ карда мешавад.
3. Агар нисбати яке аз моли дар як партия мавҷуда тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият муқаррар шуда бошад, декларатсияи чунин мол бо зикри як рамзи таснифоти мувофиқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ декларантро аз риояи чунин маҳдудият озод намекунад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1422).
4. Бо мақсади санҷиши риояи муқаррароти қисми 3 ҳамин модда мақоми гумрук ҳуқуқ дорад аз декларант пешниҳоди маълумоти аниқкунандаи баъзе моли декларатсияшавандаро талаб кунад.
Моддаи 129. Мӯҳлати пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ
1. Декларатсияи гумрукии моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, ба истиснон ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 150, 309 ва 316 ҳамин Кодекс, дар мӯҳлати на дертар аз 15 рӯзи баъди пешниҳоди мол ба мақоми гумрукӣ маҳали расидани он ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз рӯзи анҷоми транзити дохилии гумрукӣ пешниҳод карда мешавад, агар мол дар маҳали расидани он декларатсия карда нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Агар мӯҳлати дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда барои ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо ва маълумот барои декларант нокифоя бошад, бо муроҷиатномаи асосноки декларант мақоми гумрук мӯҳлати пешниҳоди декларатсияи гумрукиро тамдид мекунад. Тамдиди мӯҳлати пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ бояд боиси вайрон кардани мӯҳлати нигаҳдории муваққатии мол нагардад.
3. Агар анҷоми мӯҳлати пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ ба рӯзи ғайрикории мақоми гумрук рост ояд, рӯзи анҷоми ин мӯҳлат рӯзи минбаъдаи кории мақоми гумрук ҳисобида мешавад.
4. Декларатсияи гумрукӣ барои моли аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршаванда, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи моддаи 336 ҳамин Кодекс, то баровардани онҳо аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Моддаи 130. Декларатсияи пешакии мол
1. Декларатсияи гумрукии моли хориҷӣ метавонад то лаҳзаи расидани он ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё то анҷоми транзити дохилии гумрукӣ пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Агар барои мақсадҳои гумрукӣ истифодаи ҳуҷҷатҳои нақлиёти (борбарӣ) ё тиҷоратии мушоияткунандаи мол зарур бошад, мақоми гумрук ҳангоми декларатсияи пешакии мол нусхаи ин ҳуҷҷатҳои тасдиқнамудаи декларантро мегирад ва ҳангоми зарурат, баъди расидани мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти дар нусхаи ҳуҷҷатҳои мазкур мавҷударо бо маълумоти нусхаҳои асл муқоиса менамояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. Баъди анҷоми санҷиши декларатсияи гумрукӣ ва пардохти маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз то расидани мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин декларатсияи гумрукӣ метавонад ба сифати ҳуҷҷати ягона ҷиҳати истифодаи расмиёти гумрукӣ нисбати ин мол истифода гардад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
4. Агар мол ба мақоми гумрукӣ декларатсияи гумрукиро қабулкарда тибқи қисми 1 ҳамин модда дар давоми 15 рӯзи қабули он пешниҳод нашавад, декларатсияи гумрукӣ пешниҳоднашуда ба ҳисоб меравад.
Моддаи 131. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ҳангоми декларатсия кардани мол
1. Декларатсияи гумрукии бор ба мақоми гумрук бояд ҳамзамон бо пешниҳоди нусхаи электронӣ ва ҳуҷҷатҳои барои мақсади гумрукӣ зарурии пешбининамудаи ҳамин модда пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
Шакли нусхаи электронии декларатсияи гумрукии борро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
2. Декларант метавонад нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маълумоти арзшударо дар асоси ӯҳдадори ҷиҳати пешниҳоди ҳуҷҷати дахлдор ба мақоми гумрук дар мӯҳлати санҷиши декларатсияи гумрукӣ пешниҳод намояд, агар чунин ҳуҷҷат барои қабули қарор дар бораи иҷозати додани мол ҳатмӣ бошад.
Агар пешниҳоди ҳуҷҷатҳои алоҳида дар мӯҳлати зикргардида имконнопазир бошад, дар асоси аризаи асосноки декларант мақомоти гумрук иҷозат медиҳанд нусхаи онҳо бо пешниҳоди минбаъдаи ҳуҷҷатҳо дар мӯҳлати барои ҷамъоварии онҳо зарурӣ, вале на дертар аз 30 рӯзи тақвимии баъди бақайдгирии декларатсияи гумрукӣ манзур карда шаванд. Декларант барои пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо дар мӯҳлати муқарраршуда ё нишон додани маълумоти носаҳеҳ дар нусхаи ҳуҷҷатҳои қаблан пешниҳоднамуда масъул мебошад.
Агар ба мақоми гумрук пештар ҳуҷҷатҳое пешниҳод шуда бошанд, ки тибқи онҳо барасмиятдарории гумрукии маҷмӯи минбаъдаи мол сурат гирифтааст, дар ин ҳолат пешниҳоди нусхаи чунин ҳуҷҷатҳо кифоя аст.
3. Агар дар коргузории мақоми гумрук ҳуҷҷатҳое боқи монанд, ки барои қабули қарор ҷиҳати иҷозат додани мол заруранд, мақоми гумрук барои декларант дар нусхаи ин ҳуҷҷатҳо бо зикри мақоми гумруке, ки дар он ин ҳуҷҷатҳо нигоҳ дошта мешаванд, сабти дахлдор мегузорад. Ин сабт бо мӯҳри дорои рақами шахсии шахси мансабдори мақоми гумрук тасдиқ карда мешавад.
4. Қарордод, ҳисобнома-фактураҳо (инвойсҳо), ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз баъди иҷозати мол бояд ба декларант баргардонида шаванд ва онҳо дар давоми се соли бақайдгирии декларатсияи гумрукии бор нигоҳ дошта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
5. Декларатсияи гумрукӣ ба мақоми гумрук бояд ҳамзамон бо ҳуҷҷатҳое пешниҳод гардад, ки дар асоси онҳо декларатсияи гумрукӣ пур карда шудааст. Ба ин гуна ҳуҷҷатҳо мансубанд (Қонуни ҶТ 28.12.2012 № 906):
1) ҳуҷҷатҳое, ки ваколатҳои шахси пешниҳодкунандаи декларатсияи гумрукиро тасдиқ менамоянд;
2) ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678);
3) ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (марбут ба ҳамлу нақл);
4) ҳуҷҷатҳое, ки риояи мамнӯият ва маҳдудиятҳоро тасдиқ менамоянд;
5) ҳуҷҷатҳое, ки супоридан ва (ё) таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳоро тасдиқ менамоянд (Қонуни ҶТ 28.12.2012 № 906).
6. Тибқи талаботи низомҳои гумрукии интихобшуда иловатан ба ҳуҷҷатҳои асосии дар қисми 5 ҳамин модда зикршуда мувофиқи тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дигар ҳуҷҷатҳои барои мақсадҳои гумрукӣ зарурӣ пешниҳод карда мешаванд.
7. Агар декларант довталаби имтиёзи пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, аз ҷумла ҳангоми арзи низоми гумрукие, ки низоми гумрукии пурра ё қисман озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, нисбати мол истифода набурдани мамнӯият ва маҳдудияти тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ё кам кардани заминаи андоз бошад, ӯ вазифадор аст ба мақоми гумрук ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунандаи шартҳои арзро пешниҳод намояд.
8. Бо мақсади тасдиқи арзиши гумрукии арзшуда декларант вазифадор аст ҳуҷҷатҳои асосноккунандаи арзиши гумрукии арзшуда ва усули барои муайян намудани арзиши гумруки интихобнамудаашро пешниҳод кунад.
9. Агар пешниҳоди ҳуҷҷатҳои алоҳида ҳамзамон бо декларатсияи гумрукӣ имконнопазир бошад, бо муроҷиатномаи асосноки декларант мақоми гумрук дар шакли хаттӣ барои пешниҳоди ин ҳуҷҷатҳо дар мӯҳлати барои ҷамъоварии онҳо зарурӣ, аммо на дертар аз 45 рӯзи баъди қабули декларатсияи гумрукӣ иҷозат медиҳад, агар дар ҳамин Кодекс мӯҳлати дигари пешниҳоди ҳуҷҷатҳои алоҳида ва маълумот пешбинӣ нашуда бошад. Декларант дар шакли хаттӣ оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар мӯҳлати муайяншуда ӯҳдадорӣ манзур медорад.
10. Дар ҳолати ба мақоми гумрук пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое, ки метавонанд ҳангоми барасмиятдарории гумрукии дигар мол истифода гарданд, бо дархости декларант мақоми гумрук оид ба қабули ҳуҷҷатҳо тибқи намунаи муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тасдиқномаи хаттӣ медиҳад. Тасдиқнома то дохил намудани тағйирот ба ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ё то гузаштани мӯҳлати амали он эътибор дорад. Тасдиқномаи мазкурро декларант метавонад ҳангоми барасмиятдарории гумрукии мол, бидуни пешниҳоди иловагии ҳуҷҷатҳои қабулкардаи мақоми гумрук истифода барад. Декларант ҳуқуқ дорад ҳуҷҷатҳои мазкурро то пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ манзур дорад.
Моддаи 132. Қабули декларатсияи гумрукӣ
1. Далели пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ ва манзур доштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар рӯзи гирифтани онҳо аз ҷониби мақоми гумрук сабт мегардад. Мақоми гумрук бо дархости шахси пешниҳодкардаи декларатсияи гумрукӣ дар бораи гирифтани декларатсияи гумрукӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ (аз ҷумла дар шакли ҳуҷҷати электронӣ) бетаъхир тасдиқнома медиҳад.
2. Мақоми гумрук декларатсияи гумрукии пешниҳодшударо дар рӯзи расидани он қабул менамояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар:
1) декларатсияи гумрукӣ ба мақоми гумруке пешниҳод шуда бошад, ки ҳуқуқи қабули декларатсияи гумрукиро надорад;
2) декларатсияи гумрукӣ аз ҷониби шахсе пешниҳод шуда бошад, ки ба ин кор ваколатдор набошад;
3) дар декларатсияи гумрукӣ маълумоти зарурӣ зикр нашуда бошад (моддаи 124);
4) декларатсияи гумруки имзо нашуда бошад ё ба таври зарурӣ тасдиқ нашуда бошад ё мувофиқи шакли муқарраршуда таҳия нагардида бошад;
5) ҳангоми пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ ҳуҷҷатҳои барои барасмиятдарории гумрукӣ зарурӣ пешниҳод нашуда бошанд, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки метавонанд баъди қабули декларатсияи гумрукӣ мутобиқи қисми 9 моддаи 131 ҳамин Кодекс пешниҳод карда шаванд;
6) нисбати моли декларатсияшаванда амале, ки бояд мутобиқи ҳамин Кодекс пеш аз пешниҳод ё ҳамзамон бо пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ анҷом дода шавад, сурат нагирифта бошад.
3. Декларатсияи гумрукӣ аз лаҳзаи қабул ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи далели дорои аҳамияти ҳуқуқӣ эътибор пайдо мекунад.
4. Агар декларатсияи гумрукӣ аз ҷониби мақоми гумрук қабул нашуда бошад, чунин декларатсия барои мақсади гумрукӣ пешниҳоднашуда дониста мешавад.
5. Мақоми гумрук сабабҳои қабул накардани декларатсияи гумрукиро ба шахси пешниҳодкунандаи декларатсия на дертар аз рӯзи дигари пешниҳод шудани декларатсияи гумрукӣ огоҳ менамояд. Бо дархости шахси пешниҳодкунандаи декларатсияи гумрукӣ чунин огоҳинома дар шакли хаттӣ манзур мегардад.
Моддаи 133. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маълумоти дар декларатсияи гумрукии арзшуда
1. Бо дархости асосноки хаттии декларант ба маълумоти қаблан дар декларатсияи гумрукии қабулшуда арзнамудаи ӯ тағйиру иловаҳо ворид кардан мумкин аст.
2. Тағйиру иловаҳо ба маълумоти дар декларатсияи гумрукии қабулгардида арзшуда бо иҷозати мақоми гумрук зимни риояи шартҳои зерин имконпазир аст:
1) агар мақоми гумрук дар лаҳзаи гирифтани дархости декларант носаҳеҳии маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ зикршударо муайян накарда бошад, ба истиснои ҳолати ошкорсозии носаҳеҳиҳое, ки ба қабули қарор дар бораи иҷозати мол таъсир намерасонанд;
2) агар мақоми гумрук то лаҳзаи гирифтани дархости декларант санҷиши молро оғоз накарда бошад;
3) агар тағйиру иловаҳои воридшаванда ба қабули қарор дар бораи додани иҷозат ба мол таъсир нарасонанд ва боиси зарурати тағйир додани маълумоте нагарданд, ки ба муайян кардани андозаи маблағи пардохти боҷҳои гумрукӣ ва истифодаи мамнӯияту маҳдудиятҳои тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда таъсир расонанд.
3. Шахсони мансабдори мақомоти гумрук ҳуқуқ надоранд бо ташаббуси худ ё супориш ё хоҳиши шахсони манфиатдор декларатсияи гумрукиро пур кунанд, тағйир диҳанд ё маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ арзшударо пурра кунанд, ба истиснои ворид намудани танҳо он маълумоте, ки таҳти салоҳияти мақомоти гумрук қарор дорад, инчунин тағйир додан ё пурра кардани маълумоти рамзгузоришудае, ки барои коркарди мошини истифода мешавад, ба шарте агар чунин маълумот дар шакли рамзгузоринашуда дар декларатсияи гумрукӣ мавҷуд бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1422).
Моддаи 134. Бозхондани декларатсияи гумрукӣ
1. Тибқи муроҷиати хаттии декларант декларатсияи гумрукии қабулшуда барои моли хориҷӣ мумкин аст аз ҷониби ӯ пеш аз додани иҷозат ба чунин мол барои арз таҳти низоми дигари гумрукӣ бозхонда шавад.
Бозхондани декларатсияи гумрукӣ бо иҷозати хаттии мақоми гумрук имконпазир аст, агар пеш аз гирифтани ин дархост мақоми гумрук носаҳеҳии маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ зикршударо муайян накарда бошад, ба истиснои ҳолати ошкор шудани носаҳеҳиҳое, ки ба қабули қарор дар бораи додани иҷозат ба мол таъсир намерасонад.
Ҳангоми додани иҷозат барои бозхондани декларатсияи гумрукӣ мақоми гумрук барои пешниҳоди декларатсияи гумрукии нав мӯҳлат муайян мекунад ва ин мӯҳлат наметавонад аз рӯзи додани иҷозати бозхонд бештар аз 15 рӯз бошад. Бозхондани декларатсияи гумрукӣ барои дароз кардани мӯҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз асос шуда наметавонад.
2. Тибқи муроҷиати хаттии декларант декларатсияи гумрукии қабулшуда барои моли ватанӣ, ки аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда мешавад, мумкин аст аз ҷониби вай сарфи назар аз мақсади чунин бозхонд, қабл аз баровардани мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, баъди додани иҷозати ҷойгиркунии мол таҳти низоми гумрукии арзшуда бозхоста шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Бозхондани декларатсияи гумрукӣ бо иҷозати хаттии мақоми гумрук иҷозат дода мешавад, ба шарте агар мақоми гумрук то гирифтани дархости декларант носаҳеҳии маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ зикршударо муайян накарда бошад, ба истиснои ҳолати ошкорсозии носаҳеҳиҳое, ки ба қабули қарор дар бораи ҷойгиркунии мол таҳти низоми гумрукии арзшуда таъсир намерасонанд.
Ба ин мол барои пешниҳоди декларатсияи гумрукии нав мӯҳлат муқаррар намегардад.
Моддаи 135. Декларатсияи гумрукии нопурра
1. Агар декларант бинобар сабабҳои ба ӯ вобастанабуда барои пур кардани декларатсияи гумрукӣ дорои маълумоти зарурӣ набошад, мақоми гумрук метавонад ба пешниҳоди декларатсияи гумрукии нопурра иҷозат диҳад, ба шарте агар дар он барои иҷозат додани мол, ҳисоб ва супурдани пардохтҳои гумрукӣ, тасдиқкунандаи риояи маҳдудиятҳо мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда, инчунин имкондиҳандаи ҳаммонандсозии мол тибқи маҷмӯи хусусиятҳои миқдорӣ ва сифатӣ маълумоти зарурӣ дарҷ шуда бошад.
Декларант ҳангоми пешниҳоди декларатсияи гумрукии нопурра дар шакли хаттӣ ӯҳдадорӣ ба зимма мегирад, ки маълумоти нокифояро дар мӯҳлати муайяннамудаи мақоми гумрук пурра хоҳад кард ва ин муддат наметавонад аз рӯзи қабули декларатсияи гумрукии нопурра аз ҷониби мақоми гумрук бештар аз 45 рӯз бошад.
2. Агар мақоми гумрук декларатсияи гумрукии нопурраро қабул кунад, дар ин сурат ҳамон талабот ва шартҳои қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла тартиби ҳисоб ва супурдани пардохтҳои гумрукие истифода мегардад, ки дар ҳолатҳои пешниҳоди ибтидоии декларатсияи гумрукии пурра ва ба таври дахлдор пуркардашуда истифода бурда шудааст.
Моддаи 136. Декларатсияи гумрукии даврӣ
1. Ҳангоми интиқоли мунтазами ҳамон як мол аз ҷониби ҳамон як шахс мақоми гумрук ҳуқуқ дорад барои пешниҳоди декларатсияи гумрукии даврӣ ба ҳама моли аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи муайян интиқолшаванда иҷозат диҳад.
2. Мол метавонад ҳамчун ҳамон як мол баррасӣ шавад, агар он мувофиқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ рамзи таснифотии якхела дошта бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1422).
3. Мол ҳангоме ҳамчун мунтазам аз ҷониби ҳамон як шахс аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолёбанда ҳисобида мешавад, ки агар ҳамон як шахс дар давоми 30 рӯзи тақвими расонидани як Номгӯи молҳоро 3 маротиба ё бештар анҷом диҳад.
4. Барои мақсади гумрукӣ чун маҷмӯи ягона (партия) ҳамон як моле баррасӣ карда мешавад, ки аз як нуқтаи гузаргоҳ интиқол ёфта, барасмиятдарории гумрукии он дар ҳамон як мақоми гумрук дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ, тибқи як шартномаи (қарордоди) тиҷорати хориҷӣ, сарфи назар аз теъдоди молрасонии алоҳида, анҷом дода мешавад.
5. Боҷҳо ва андозҳои гумрукӣ то қабули декларатсияи даврии гумрукӣ ё дар рӯзи қабули он пардохта мешаванд.
6. Ҳангоми барасмиятдарории мол бо истифодаи расмиёти даврии декларатсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзи аз ҷониби мақомоти гумрук қабул кардани декларатсияи даврии гумрукӣ амал мекунанд, истифода бурда мешаванд.
7. Декларатсияи даври бо роҳи пешниҳоди декларатсияи даврии гумрукӣ то оғози давраи расидани мол (воридот ё содирот) амалӣ мешавад. Зимнан декларатсияи гумрукии даври барои маҷмӯи ягонаи мол пур карда мешавад.
8. Дар давоми 10 рӯзи тақвимии баъди анҷоми давраи молрасонӣ, ки дар ҷараёни он интиқоли мол бо истифодаи расмиёти декларатсияи даврӣ сурат гирифтааст, декларатсияи пурраи гумрукии бор бо назардошти миқдори воқеии моли ворид ва содиршуда пешниҳод карда мешавад.
9. Агар воридоти мол дар ҳаҷме, ки аз ҳаҷми дар декларатсияи гумрукии даврӣ зикргардида фарқ кунад, декларатсияи пурраи гумрукии бор бо назардошти миқдори воқеии бори воридшуда пур карда мешавад. Дар ин сурат декларатсияи даврии гумрукӣ барои давраҳои минбаъдаи молрасонӣ бо назардошти ин тағйирот пур карда мешавад.
10. Тартиби барасмиятдарории гумрукии мол бо истифодаи декларатсияи даврии гумрукӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 137. Хусусиятҳои декларатсияи моли ватанӣ ҳангоми содир намудани онҳо аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421)
1. Ҳангоми содир намудани моли ватанӣ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хоҳиши декларант тартиби соддагардонидашудаи декларатсия тибқи моддаҳои 135, 136 ва 138 ҳамин Кодекс истифода бурда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Тартиби соддагардонидашудаи декларатсия кардани моли ватанӣ дар сурате истифода мешавад, ки агар он ба назорати гумрукӣ мамоният накунад ва декларантро аз риояи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бобати пурра ва саривақт пардохтани боҷҳои гумрукӣ ва андоз, риояи мамнӯият ва маҳдудияти муқаррар намудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин риояи низоми гумрукии муайяншуда озод нанамояд.
Дар сурати аз ҷониби мақоми гумрук рад намудани истифодаи тартиби соддагардонидашудаи декларатсияи моли ватанӣ мақоми гумрук дар ин бора декларантро тибқи қисми 5 моддаи 132 ҳамин Кодекс, бо зикри шартҳое, ки барои татбиқи ин тартиб заруранд, огоҳ месозад.
3. Моле, ки тавассути хати қубур ва бо хати барқ интиқол меёбад, тибқи тартиби муайяннамудаи боби 40 ҳамин Кодекс декларатсия карда мешавад.
Моддаи 138. Декларатсияи гумрукии муваққатии даврии моли ватанӣ
1. Ҳангоми содироти моли ватанӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбаташ барои барасмиятдарории гумрукӣ имконияти пешниҳоди маълумоти аниқ вуҷуд надорад, бо тартиби маъмулии тиҷорати хориҷӣ декларатсикунонии муваққатии даврии мол бо роҳи пешниҳоди декларатсияи муваққатӣ иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Баъди баровардани моли ватанӣ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон декларант вазифадор аст декларатсияи гумрукии пурра ва ба таври дахлдор пуркардашударо ба ҳама моли ватании дар давоми мӯҳлати муайян интиқолдодашуда пешниҳод намояд. Декларатсияи гумрукии пурра ва ба таври дахлдор пуркардашуда, дар мӯҳлати муқаррарнамудаи мақоми гумрук тибқи аризаи декларант пешниҳод карда мешавад. Ҳангоми муқаррар намудани чунин мӯҳлат, мӯҳлате, ки ба декларант ҷиҳати гирифтани маълумоти барои декларатсияи гумрукии пурра ва ба таври дахлдор пуркардашуда зарури ба инобат гирифта мешавад. Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди декларатсияи гумрукии пурра ва ба таври дахлдор пуркардашуда аз рӯзи дигари тамом шудани мӯҳлати баровардани моли декларатсияшуда 90 рӯзро ташкил медиҳад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
3. Мӯҳлате, ки дар тӯли он эҳтимоли баровардани моли декларатсияшавандаи ватанӣ бо истифодаи декларатсияи гумрукии муваққатӣ сурат мегирад, аз ҷониби декларант муайян карда мешавад. Ин давра нисбати моли ватание, ки таҳти андозбандии содироти қарор мегирад ё нисбат ба он мамнӯият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад, наметавонад аз як моҳи тақвими зиёд бошад, вале декларатсияи гумрукии муваққатӣ дар мӯҳлати на бештар аз 15 рӯз то оғози ин давра аз ҷониби мақоми гумрук қабул карда мешавад.
4. Дар декларатсияи гумрукии муваққатӣ арзи маълумот бо назардошти нияти содироти миқдори эҳтимолии моли ватанӣ дар давоми мӯҳлати муайян, арзиши гумрукии шарти (нарх), ки тибқи нақшаи интиқоли миқдори моли ватанӣ аз сарҳади гумрукӣ, инчунин вобаста ба шартҳои пешбининамудаи аҳди фаъолияти иқтисоди хориҷӣ хусусияти истеъмолии моли ватанӣ ва тартиби муайян кардани нархи онҳо дар рӯзи пешниҳоди декларатсияи гумрукии муваққатӣ муайян мегардад, иҷозат дода мешавад.
Баровардани моли ватанӣ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз миқдори дар декларатсияи гумрукии муваққатӣ арзшуда, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 122 ҳамин Кодекс, иҷозат дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
5. Ҳангоми истифодаи декларатсияи гумрукии муваққати мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи аз тарафи мақоми гумрук қабул намудани ин декларатсия истифода бурда мешаванд. Меъёрҳои боҷҳои воридотӣ дар рӯзи қабули декларатсияи гумрукии муваққатӣ аз тарафи мақоми гумрук, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, қабул карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016
№ 1347).
6. Боҷҳои гумрукии содиротӣ якҷоя бо пешниҳоди декларатсияи гумрукии муваққатӣ ба мақоми гумрук супорида мешаванд. Агар маблағи пардохтшавандаи боҷҳои гумрукии содиротӣ дар натиҷаи дақиқсозии маълумоти дар қисми 4 ҳамин модда зикргардида зиёд шавад, маблағи иловагии боҷҳои гумрукии содиротӣ якҷоя бо декларатсияи гумрукии пурра ва ба таври дахлдор пуркардашуда пардохта мешавад. Дар чунин ҳолат фоизҳо ҳисоб карда намешавад. Маблағи барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашудаи боҷҳои гумрукии содиротӣ тибқи моддаи 396 ҳамин Кодекс баргардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1678).
Мушахассоти пардохти боҷҳои гумрукии содироти ҳангоми интиқоли мол тавассути қубур ё хати барқ мутобиқи моддаҳои 312 ва 314 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
7. Агар баъди гузашти 4 моҳ аз рӯзи қабули декларатсияи муваққатии гумруки моли ватанӣ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда нашаванд, декларатсияи гумрукие, ки дар он баровардани чунин мол арз шудааст, пешниҳоднашуда ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Мақоми гумрук бо дархости асосноки шахси манфиатдор мӯҳлати мазкурро тамдид мекунад, вале он набояд бештар аз 4 моҳи дигар бошад.
БОБИ 15. БРОКЕРИ ГУМРУК (НАМОЯНДА)
Моддаи 139. Брокери гумрук (намоянда)
1. Брокери гумрук (намоянда) шахси ҳуқуқии ватание буда метавонад, ки ба Феҳристи брокерони гумрук (намояндагон) ба қайд гирифта шудааст (моддаи 140). Корхонаи давлати наметавонад брокери гумрук (намоянда) бошад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906).
2. Брокери гумрук (намоянда) мувофиқи ҳамин Кодекс аз номи декларант ё шахсони манфиатдори дигар тибқи супориши онҳо амалиёти гумрукиро анҷом медиҳад.
3. Брокери гумрук (намоянда) ҳуқуқ дорад доираи фаъолияти худро бо иҷрои амалиёти гумрукӣ нисбати намудҳои муайяни мол, мувофиқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ё нисбати моли аз сарҳади гумрукӣ бо воситаҳои навъи муайяни нақлиёт интиқолшаванда, инчунин иҷрои амалиёти алоҳидаи гумрукӣ ё минтақаи фаъолият дар доираи минтақаи фаъолияти як (якчанд) мақоми гумрук (мақомоти гумрук) маҳдуд созад.
4. Муносибати брокери гумрук (намоянда) бо декларантҳо ва шахсони дигари манфиатдор дар асоси шартнома ба роҳ монда мешавад. Аз ҷониби брокери гумрук (намоянда) рад намудани бастани шартнома ҳангоми мавҷудияти шартҳои қобили қабули бастани он иҷозат дода намешавад.
Моддаи 140. Шартҳои дохил намудан ба Феҳристи брокерони гумрук (намояндагон)
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906)
Шартҳои дохил намудан ба Феҳристи брокерони гумрук (намояндагон) аз инҳо иборатанд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906):
1) мавҷудияти на камтар аз ду мутахассиси барасмиятдарии гумрукии дорои шаҳодатномаи тахассуси дар штати дархосткунанда (моддаи 146);
2) мавҷудияти сармояи ибтидоии оинномавии (ҷамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавӣ ё аъзоҳаққии дархосткунанда;
3) таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;
4) мавҷудияти шартномаи суғуртаи хавфи маъсулияти шаҳрвандии худ, ки мумкин аст бар асари расонидани зарар ба молу мулки шахсони муаррифишаванда ё вайрон шудани шартномаҳо бо ин шахсон ба миён ояд. Маблағи суғурта наметавонад аз андозаи 6000 - нишондиҳанда барои ҳисобҳо камтар бошад (Конун аз 06.10.2008с.
№ 437).
Моддаи 141. Ариза дар хусуси дохил намудан ба Феҳристи брокерони гумрук (намояндагон)
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906)
1. Шахс ба Феҳристи брокерони гумрук (намояндагон) дар асоси ариза, ки ҷавобгӯи талаботи муқаррарнамудаи моддаҳои 139 ва 140 ҳамин Кодекс мебошад, дохил карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906).
2. Ариза дар хусуси дохил намудан ба Феҳристи брокерони гумрук (намояндагон) бояд инҳоро дар бар гирад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906):
1) муроҷиат ба мақоми гумрук бо хоҳиши дохил намудан ба Феҳристи брокерони гумрук (намояндагон) (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906);
2) маълумот дар бораи номгӯй, шакли ташкилию ҳуқуқӣ, маҳали ҷойгиршавӣ, оид ба суратҳисобҳои бонкии кушодаи аризадиҳанда, инчунин маълумот дар бораи номгӯй ва маҳали ҷойгиршавии воҳидҳои сохторҳои хоси он, ки тавассути он аризадиҳанда ба сифати брокери гумрук (намоянда) дар рӯзи додани ариза мехоҳад фаъолият кунад;
3) маълумот дар бораи андозаи сармояи оинномавии (ҷамъшавандаи) супоридашуда ё саҳмҳои аъзоҳаққии аризадиҳанда;
4) маълумот дар бораи нияти маҳдуд кардани соҳаи фаъолияти худ ба амалиёти гумруки нисбати моли алоҳида мувофиқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ё нисбати моле, ки тавассути воситаи нақлиёти алоҳида дар ҳудуди гумрукӣ интиқол дода мешаванд, инчунин анҷом додани амалиёти алоҳидаи гумрукӣ ё минтақаи фаъолият дар доираи минтақаи фаъолияти як (якчанд) мақоми гумрук (мақомоти гумрук) ё иҷрои фаъолияти худ бе чунин маҳдудият (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421);
5) маълумот дар бораи мавҷуд будани мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ дар штати аризадиҳанда дар рӯзи пешниҳоди ариза;
6) маълумот дар бораи таъмини супурдани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;
7) маълумот оид ба шартномаи (шартномаҳои) суғуртаи хавфи масъулияти шаҳрвандии аризадиҳанда.
3. Ба аризаи дохил намудан ба Феҳристи брокерони гумрук (намояндагон) хуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти зерин пешниҳод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906):
1) шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ;
2) шаҳодатномаҳои тахассусии мутахассисони барасмиятдарории гумрукие, ки кормандони аризадиҳанда мебошанд;
3) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таъмини супурдани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс,
4) тасдиқномаи бонкҳо дар бораи дар онҳо кушода шудани суратҳисобҳо;
5) шартномаи (полиси) суғурта (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012
№ 845).
Моддаи 142. Шаҳодатнома дар хусуси дохил намудан ба Феҳристи брокерони гумрук (намояндагон)
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906)
1. Шаҳодатнома дар хусуси дохил намудани ба Феҳристи брокерони гумрук (намояндагон) инҳоро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906):
1) номи брокери (намояндаи) гумрук, зикри шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва маҳали ҷойгиршавӣ, воҳидҳои сохтории хоси он, ки вазифаҳои брокери гумрукро анҷом медиҳанд;
2) маълумот дар бораи ҳаҷм ва шакли таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;
3) маълумот дар бораи маҳдудият гардонидани соҳаи фаъолияти брокерони гумрук (намояндагон), агар онҳо муаяйн шуда бошанд.
2. Шаҳодатнома дар хусуси дохил намудан ба Феҳристи брокерони гумрук (намояндагон) дар муддати панҷ сол эътибор дорад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906).
Моддаи 143. Ҳуқуқҳои брокери гумрук (намоянда)
1. Ҳангоми анҷом додани амалиёти гумрукӣ брокери гумрук (намоянда) дорои ҳамон ҳуқуқест, ки шахси брокери гумрук (намоянда)ро ҷиҳати намояндагии манфиатҳои худ дар муносибат бо мақомоти гумрук ваколатдорнамуда доро мебошад.
2. Брокери гумрук (намоянда) ҳуқуқ дорад дар назди мақомоти гумрук барои иҷрои ӯҳдадориҳои супурдани пардохтҳои гумрукӣ аз ҷониби шахсе, ки ӯро намояндагӣ мекунад, ба сифати зомин баромад намояд, агар тибқи ҳамин Кодекс пешниҳоди таъмини пардохти онҳо талаб карда шавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1678).
3. Брокери гумрук ҳуқуқ дорад аз номи шахсе, ки ӯро намояндаги мекунад, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумоти заруриро барои мақсади гумрукӣ, аз ҷумла дорои маълумоти сирри тиҷоратӣ, бонкӣ, дигар маълумоти қонунан ҳифзшаванда, дигар маълумоти махфиро талаб намояд ва чунин ҳуҷҷати маълумотро дар мӯҳлате, ки риояи талаботи ҳамин Кодексро таъмин менамояд, дастрас кунад.
4. Ҳангоми бастани шартнома бо шахсе, ки ӯро намояндаги мекунад, брокери гумрук (намоянда) ҳуқуқ дорад:
1) барои гурӯҳҳои алоҳидаи шахсоне, ки ӯро намояндаги мекунанд, нисбати нархҳои муқарраршуда таҳфиф (скидка) ва дигар имтиёзҳо пешниҳод намояд;
2) ба сифати шартҳои имзои шартнома бо шахсе, ки ӯро намояндаги мекунад, талаби таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои ин шахсро тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намояд.
Моддан 144. Вазифаҳо ва масъулияти брокери гумрук (намоянда)
1. Вазифаҳои брокери гумрук (намоянда) ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ тибқи талабот ва шартҳои нисбати амалҳои гумрукии барои ҷой додани мол таҳти низоми гумрукии зарурӣ ё расмиёти дигари гумрукӣ муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс муайян шудааст. Далели анҷом додани чунин амалҳо ба зиммаи брокери гумрук ӯҳдадории иҷрои амалҳои марбут ба анҷоми амали низоми гумрукӣ, инчунин дигар ӯҳдадориҳоеро, ки тибқи ҳамин Кодекс танҳо ба зиммаи шахси дар моддаи 15 ҳамин Кодекс зикршуда, интиқолдиҳанда ё шахси дигар гузошта шудааст, намегузорад.
2. Брокери гумрук (намоянда) боҷҳои гумрукӣ ва андозро мепардозад, агар мазмуни низоми гумрукии барои декларатсияи мол муайян гардида пардохти онҳоро пешбинӣ карда бошад. Барои супоридани боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ки бояд тибқи ҳамин Кодекс ҳангоми декларатсияи мол пардохта шавад, брокери гумрук (намоянда) дорои ҳамон масъулияте мебошад, ки декларант ба зимма дорад.
3. Маълумоти аз шахсони намояндагишаванда дастрасшуда, ки дорои сирри бонкӣ, тиҷоратӣ ва дигар сирри қонунан ҳифзшаванда ё дигар маълумоти махфӣ мебошанд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ифшо карда нашаванд ё аз ҷониби брокери гумрук (намоянда) ва кормандони он барои мақсадҳои шахсӣ, додан ба шахси дигар истифода бурда нашаванд.
4. Брокери гумрук (намоянда) вазифадор аст баҳисобгирии молҳоеро, ки нисбати онҳо амалиёти гумрукӣ мегузаронад, анҷом диҳад ва ба мақомоти гумрук дар бораи амалиёти гумрукии гузаронидашуда ҳисобот пешниҳод намояд (моддаи 405).
5. Брокери гумрук (намоянда) вазифадор аст бо талаби мақоми гумрук нусхаи электронии декларатсияи гумрукиро пешниҳод намояд.
6. Ӯҳдадори ва масъулияти брокери гумрук (намоянда) дар назди мақомоти гумрук наметавонад дар асоси шартномаи брокери гумрук (намоянда) бо шахси намояндагишаванда маҳдуд гардад.
Моддаи 145. Бозхондани шаҳодатнома дар хусуси дохил намудан ба Феҳристи брокерони гумрук (намояндагон)
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
Шаҳодатнома дар хусуси дохил намудан ба Феҳристи брокерони гумрук (намояндагон) дар ҳолатҳои зерин аз тарафи мақоми гумрук бозхонда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) аз ҷониби брокерони гумрук (намояндагон) риоя нашудани ҳатто яке аз талаботи дохил намудан ба Феҳристи брокерони гумрук (намоянда), ки моддаи 140 ҳамин Кодекс муқаррар кардааст (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906);
2) аз сабаби иҷро накардани вазифаҳо ҷалби чандинкаратаи брокери гумрук (намоянда) ба ҷавобгарии маъмури барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ.
Моддаи 146. Мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ
1. Мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ шахси воқеие мебошад, ки ҷавобгӯи талаботи тахассуси муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ буда, дорои шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ мебошад.
2. Мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ фаъолияти худро ба сифати корманди брокери гумрук (намоянда) анҷом медиҳад.
Моддаи 147. Аттестатсияи мувофиқат ба талаботи тахассусӣ (квалификатсионӣ)
1. Аттестатсияи мувофиқат ба талаботи тахассуси (минбаъд-аттестатсия) - санҷиши тахассусии шахси воқеӣ мебошад, ки барои гирифтани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ довталаб аст. Аттестатсия дар шакли имтиҳони тахассуси гузаронида мешавад. Ба шахсоне, ки бомувафакқият имтиҳони тахассусиро месупоранд, шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ дода мешавад. Шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ бо мӯҳлати амал маҳдуд карда намешавад.
2. Талабот нисбат ба довталабон барои гирифтани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ, тартиби гузаронидани аттестатсия, номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки ҳамзамон бо ариза дар бораи иҷозати гузаштан аз аттестатсия супорида мешаванд, барномаҳои таълими тахассусӣ ва тартиби супоридани имтиҳони тахассусиро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд. Барои супоридани имтиҳонҳои тахассусӣ ҳамаи шахсоне, ки ҷавобгӯи талаботи барои довталабон муқарраргардида мебошанд, сарфи назар аз тайёрии тахассусии онҳо барои супоридани имтиҳонҳои тахассусӣ иҷозат дода мешаванд. Имтиҳони тахассусиро мақомоти гумруке қабул мекунанд, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян гардидаанд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012
№ 845).
3. Ҳар як мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ вазифадор аст дар ҳар ду соли баъди соли гирифтани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ, тибқи барномаи такмили дараҷаи тахассусӣ, ки мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар ҳаҷми 40 соати академи тасдиқ кардааст, бо таълим фаро гирифта шавад. Таълим оид ба барномаҳои баланд бардоштани тахассус аз ҷониби шахсоне анҷом дода мешавад, ки барои пешбурди фаъолияти таълими дорои иҷозатнома мебошанд (Қонуни ҶТ 28.12.2012
№ 906).
Моддаи 148. Тартиби бекор кардан, бозхондан ва боздоштани амали шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016
№ 1298)
Тартиби бекор кардан, бозхондан ва боздоштани амали шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016
№ 1298).
Моддаи 149. Асосҳо барои иҷозати мол
1. Иҷозати мол аз ҷониби мақомоти гумрук дар мӯҳлати пешбининамудаи моддаи 152 ҳамин Кодекс бо риояи шартҳои зерин анҷом дода мешавад:
1) агар ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ ва тафтиши мол аз ҷониби мақомоти гумрук вайронкунии қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор нашуда бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки вайронкуниҳои ошкоршудаи барои оғози парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ асоснабуда, бартараф шуда бошанд ва моли таҳти вайронкуни қарордошта набояд ситонида ё мусодира гардад, наметавонанд минбаъд ба сифати далели шайъи мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда шавад;
2) агар ба мақоми гумрук ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи риояи маҳдудиятҳои муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод шуда бошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамин ҳуҷҷатҳо мумкин аст баъди иҷозати мол пешниҳод карда шаванд (Қонуни ҶТ 28.12.2012
№ 906);
3) агар аз ҷониби декларант талабот ва шартҳои зарурӣ барои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии интихобгардида ё истифодаи расмиёти дахлдор тибқи ҳамин Кодекс риоя гардида бошанд;
4) агар боҷҳои гумрукӣ ва андози мол пардохта шуда бошанд ё таъмини супоридани пардохти онҳо мувофиқи боби 46 ҳамин Кодекс пешниҳод шуда бошанд.
2. Иҷозати моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ба муомилоти озод бо шарти ворид гардидани маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба буҷет анҷом дода мешавад. Ҳангоми ворид нагардидани маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо ба буҷет мол шартан иҷозатдодашуда ҳисобида мешавад. Бо талаби шахсе, ки боҷҳои гумрукӣ ва андозро пардохтааст, мақоми давлатии ваколатдори соҳаи молия дар бораи ба буҷет ворид шудани маблағ маълумот пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Мақоми давлатии ваколатдори соҳаи молия дар бораи ба буҷет гузаронидани маблағ ба мақоми гумрук бояд фавран маълумот пешниҳод намояд, аз ҷумла тавассути мубодилаи электронӣ.
3. Иҷозати мол метавонад мувофиқи моддаи 441 ҳамин Кодекс боздошта шавад.
4. Рухсати ҷойгир намудани моли ватании аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршавандаро таҳти низоми гумрукӣ мақомоти гумрук вобаста ба иҷозати мол медиҳад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Моддаи 150. Иҷозати мол то пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ
1. Ҳангоми ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани моли дар моддаи 67 ҳамин Кодекс зикршуда, инчунин ҳангоми истифодаи расмиёти махсуси соддагардонидашудаи барасмиятдарории гумрукӣ тибқи моддаи 68(4) ҳамин Кодекс, иҷозати мол то лаҳзаи пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ имконпазир аст, ба шарте агар декларант ҳуҷҷатҳо ё дигар санадҳои тиҷоратиро, ки дорои маълумоти барои ҳаммонандсозии мол истифодашаванда мебошанд, инчунин ҳуҷҷатҳо ва маълумоти тасдиқкунандаи риояи маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод карда бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин ҳуҷҷатҳо ва маълумот баъди қабули қарори иҷозати мол пешниҳод гардида, пардохтҳои гумрукӣ ё супоридани онҳо мувофиқи тартиби муайяннамудаи боби 46 ҳамин Кодекс таъмин карда шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Иҷозати мол то пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ иҷозат дода мешавад, агар декларант дар бораи аз ҷониби вай пешниҳод кардани декларатсияи гумрукӣ, ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва маълумот дар мӯҳлати муқаррарнамудаи мақоми гумрук, ки наметавонад аз 45 рӯзи баъди иҷозати мол ё мӯҳлати дигари барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумоти алоҳида муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс бештар бошад, ӯҳдадории хаттӣ пешниҳод намояд.
3. Ҳангоми иҷозати мол то пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ меъёрҳои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, таносуби қурби асъори хориҷӣ, маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзи иҷозати моли мазкур амал мекунанд, истифода бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016
№ 1347).
Моддаи 151. Иҷозати шартӣ
1. Иҷозати шартии мол дар ҳолатҳои зайл анҷом дода мешавад, ки:
1) агар имтиёзҳои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои маҳдудиятҳо оид ба истифодабарӣ ва ихтиёрдории мол бошанд;
2) агар мол таҳти низоми гумрукии анбори гумрукӣ, анбори озод, минтақаи озоди гумрукӣ, савдои бебоҷ коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ, коркарди мол барои муомилоти озод, воридоти муваққатӣ, реэкспорт, транзити гумрукии байналмилалӣ, нобудкунӣ, инчунин таҳти низомҳои махсус, ки нисбати моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда истифода мегарданд, ҷойгир шуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421);
3) агар иҷозати мол бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумоти тасдиқкунандаи риояи маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуда бошад;
2. Моли шартан иҷозатдодашуда, ки нисбати он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз имтиёз фароҳам оварда шудааст, метавонад танҳо барои мақсадҳое истифода шавад, ки ба шартҳои фароҳам овардани имтиёз мутобиқ аст.
Ба шахси сеюм додани моле, ки мақомоти гумрук онро бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи риояи маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додаанд, аз ҷумла бо роҳи фурӯш ё бегона кардан бо дигар усулҳо ва дар ҳолатҳое, ки маҳдудият ба воридоти моли номбаршуда бо сабаби санҷиши сифат ва бехатарии ин мол муқаррар шудааст, иҷозати он барои истифода (кор фармудан, истеъмол) дар ҳама шаклҳо манъ аст.
3. Моли шартан иҷозатдодашуда дорои статуси моли хориҷӣ буда, таҳти назорати гумруки қарор мегирад.
4. Моли барои муомилоти озод арзшуда шартан иҷозатдодашуда ба ҳисоб меравад, агар нисбати он батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз фароҳам оварда шуда бошад ё агар ба буҷет маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз ворид нашуда бошад.
Моддаи 152. Мӯҳлати иҷозати мол
1. Мақомоти гумрук иҷозати молро тибқи моддаи 149 ҳамин Кодекс дар давоми 2 рӯзи кори аз лаҳзаи қабули декларатсияи гумрукӣ, пешниҳоди дигар ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зарурӣ, инчунин пешниҳоди мол ба мақомоти гумрук анҷом медиҳанд, ба истиснои ҳолати тамдиди мӯҳлати гузаронидани санҷиши мол тибқи қисми 2 моддаи 400 ҳамин Кодекс.
2. Ҳангоми истифодаи декларатсияи пешакӣ (моддаи 130) иҷозати мол баъди пешниҳод шуданаш ба мақоми гумрук анҷом дода мешавад.
Моддаи 153. Шартҳои иловагии иҷозати мол
1. Ҳангоми аз ҷониби мақоми гумрук дар рафти тафтиши декларатсияи гумрукӣ, дигар ҳуҷҷатҳои ҳангоми декларатсияи мол пешниҳодшуда ва декларатсияшаванда ошкор намудани риоя накардани шартҳои иҷозати пешбининамудаи моддаи 149 ҳамин Кодекс иҷозати мол дода намешавад.
Мақоми гумрук бетаъхир декларантро огоҳ менамояд, ки маҳз кадом шартҳои иҷозати мол риоя нашудааст, декларант бояд маҳз кадом амалеро анҷом диҳад, ки барои риояи шартҳои иҷозати мол мутобиқи муқаррароти ҳамин модда заруранд.
2. Агар мақоми гумрук ошкор намояд, ки ҳангоми декларатсияи мол маълумоти носаҳеҳ пешниҳод шудаанд, ки ба андозаи пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз тибқи ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс таъсир мерасонанд, мақоми гумрук ба декларант бетаъхир оид ба тасҳеҳи ин маълумот ва аз нав ҳисоби кардани андозаи пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз талабнома мефиристад. Дар талабномаи мақоми гумрук бояд зикр гардад, ки маҳз кадом маълумоти зарурӣ барои иҷозати мол бояд тасҳеҳ карда шавад.
3. Дар сурати аз ҷониби мақоми гумрук ошкор намудани нишонаҳои гувоҳидиҳандаи он, ки маълумоти ҳангоми декларатсияи мол арзшуда, ки ба андозаи пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз таъсир мерасонанд, метавонанд носаҳеҳ бошанд ё маълумоти арзшуда ба таври дахлдор тасдиқ нашудаанд, мақоми гумрук тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс бо ҳама гуна усули пешбининамудаи ҳамин Кодекс санҷиши иловагӣ мегузаронад.
Иҷозати мол аз ҷониби мақоми гумрук ба шарти таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ки ба таври иловагӣ оид ба натиҷаи чунин санҷиш ҳисоб карда мешаванд, амалӣ мегардад. Мақоми гумрук ба декларант дар шакли хаттӣ оид ба ҳаҷми зарурии таъмини пардохти гумрукӣ маълумот медиҳад.
4. Агар мақоми гумрук ошкор намояд, ки ҳангоми декларатсияи мол маълумоти носаҳеҳ арз шудааст, ки барои нисбати мол истифода бурдани мамнӯият ва маҳдудияти муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир мерасонанд, дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс мақоми гумрук ба декларант барои тасҳеҳи чунин маълумот ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои тасдиқи риояи маҳдудиятҳои дахлдор талабнома пешниҳод менамояд. Дар талабномаи мақоми гумрук бояд зикр гардад, ки маҳз кадом маълумотро барои муомилоти озод бояд тасҳеҳ кард ва маҳз кадом ҳуҷҷати тасдиқкунандаи риояи маҳдудияти дахлдор бояд пешниҳод карда шавад.
5. Дар сурати аз ҷониби мақоми гумрук ошкор намудани нишонаҳои гувоҳидиҳандаи он, ки маълумоти ҳангоми декларатсияи мол арзгардида барои истифодаи мамнӯият ё маҳдудияти нисбати мол муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир мерасонанд, метавонанд носаҳеҳ бошанд ё маълумоти арзшуда ба таври дахлдор тасдиқ нашудааст, мақоми гумрук тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс бо ҳама гуна усули пешбининамудаи ҳамин Кодекс санҷиши иловагӣ мегузаронад.
Иҷозати молро мақоми гумрук ба шарти аз ҷониби декларант пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи риояи маҳдудияти дахлдор анҷом медиҳад. Мақоми гумрук дар шакли хаттӣ ба декларант хабар медиҳад, ки барои ин маҳз кадом ҳуҷҷатҳо бояд пешниҳод карда шаванд.
6. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 2 ва 4 ҳамин модда иҷозати мол дар рӯзи дигари аз ҷониби декларант иҷро шудани талаботи мақоми гумрук ва пардохти маблағи дахлдори боҷҳои гумрукӣ ва андоз анҷом дода мешавад, агар чунин пардохти иловагӣ талаб карда шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки мол ситонида ё тибқи қонунгузории ҷиноятию мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҳабс гирифта шуда бошад.
Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 3 ва 5 ҳамин модда иҷозати мол дар рӯзи дигари пешниҳоди таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ё аз лаҳзаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи риояи маҳдудиятҳои дахлдор анҷом дода мешавад.
Агар дар натиҷаи тасҳеҳи маълумоти ҳангоми барасмиятдарории мол арзшуда маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андози барои пардохт муайяншуда нисбати маблағи арзнамудаи декларант барои иҷозати мол камтар бошад, иҷозат додани ин мол то иҷрои талаботи дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда зикргардида сурат мегирад.
7. Амалҳои пешбининамудаи ҳамин модда бояд аз ҷониби декларант дар доираи мӯҳлатҳои нигаҳдории муваққатии муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс анҷом дода шавад.
Моддаи 154. Иҷозати мол ҳангоми кушодани парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ
Ҳангоми кушодани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иҷозати мол метавонад тибқи моддаи 153 ҳамин Кодекс бо қарори сардори мақоми гумрук, ки шахси мансабдори он парвандаро оғоз намудааст, то хатми баррасии парванда анҷом дода шавад, агар мол ба сифати далели шайъи ситонида ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба ҳабс гирифта нашуда бошад, ба шарти пешниҳод намудани таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба маблағи пардохтшавандаи пардохтҳои гумрукӣ, фоизҳо ва ҷаримаҳо (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678).
ЗЕРФАСЛИ 2. НИЗОМИ ГУМРУКӢ
БОБИ 17. МУҚАРРАРОТИ УМУМИИ МАРБУТ БА НИЗОМИ ГУМРУКӢ
Моддаи 155. Намудҳои низоми гумрукӣ
Бо мақсади татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими гумрукӣ нисбати мол намудҳои зерини низоми гумруки муқаррар карда мешаванд:
1) иҷозат барои муомилоти озод;
2) содирот;
3) транзити гумрукии байналмилалӣ;
4) коркард дар ҳудуди гумрукӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
5) коркард барои муомилоти озод;
6) коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
7) воридоти муваққатӣ;
8) анбори гумрукӣ;
9) реимпорт;
10) реэкспорт;
11) нобудкунӣ;
12) даст кашидан ба манфиати давлат;
13) содироти муваққатӣ;
14) савдои бебоҷ;
15) минтақаи озоди гумрукӣ;
16) анбори озод;
17) интиқоли захираҳо;
18) низомҳои гумрукии махсус.
Моддаи 156. Интихоб ва тағйир додани низоми гумрукӣ
1. Воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он аз ин ҳудуд шахсро вазифадор менамояд, ки молро таҳти яке аз низоми гумрукии муқаррарнамудаи ҳамин зерфасл ҷойгир кунад ва ин низоми гумрукиро риоя намояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Шахс ҳуқуқ дорад, ки мувофиқи ҳамин Кодекс ҳар навъи низоми гумрукиро дар доираи мӯҳлати барои ҳар низом муқарраргардида интихоб намояд ё низоми онро тағйир диҳад.
Моддаи 157. Ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукӣ
1. Ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумруки аз ҷониби мақоми гумрук мувофиқи ҳамин Кодекс иҷозат дода мешавад.
2. Ҳангоми аз ҷониби шахс риоя кардани низоми гумрукии арзшуда ва шартҳои иҷозати мол (моддаи 149) мақоми гумрук вазифадор аст барои таҳти низоми гумрукии арзшуда ҷойгир намудани мол иҷозат диҳад.
3. Рӯзи ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукӣ рӯзи иҷозати мол аз ҷониби мақоми гумрук ҳисоб мешавад.
Моддаи 158. Риояи мамнӯият ва маҳдудиятҳо ҳангоми таҳти низоми гумруки ҷойгир намудани мол
Мамнӯият ва маҳдудиятҳоеро, ки дорои хусусияти иқтисоди намебошанд ва мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, шахсон вазифадоранд сарфи назар аз низоми гумрукии арзшуда, риоя намоянд.
Моддаи 159. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоти тасдиқкунандаи риояи низоми гумрукӣ
1. Барои таҳти низоми гумрукӣ ҷойгир намудани мол ба мақомоти гумрук танҳо ҳуҷҷату маълумоте пешниҳод карда мешаванд, ки риояи шартҳои таҳти низоми гумрукӣ ҷойгир намудани молро мувофиқи ҳамин зерфасл тасдиқ менамоянд.
2. Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад танҳо ҳуҷҷату маълумотеро талаб намояд, ки барои тасдиқи риояи шартҳои нигаҳдории мол таҳти низоми гумрукии арзшуда ва риояи ин низоми гумрукӣ мувофиқи ҳамин Кодекс заруранд.
Моддаи 160. Кафолати риояи низоми гумрукӣ
Ҳангоми додани иҷозат барои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукӣ, ки мундариҷаи он пурра ё қисман озод намудан аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз ё баргардонидани маблағи пардохтшуда ва (ё) истифода набурдани мамнӯият ва маҳдудияти дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбини менамояд, мақоми гумрук ҳуқуқ дорад пешниҳоди таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ (боби 46), пешниҳоди ӯҳдадорӣ оид ба содироти бозпаси моли муваққатан воридгардида ва дигар кафолатҳои иҷрои ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи ҳамин зерфаслро талаб намояд.
Моддаи 161. Ӯҳдадориҳои тасдиқи риояи шартҳои нигаҳдории мол таҳти низоми гумрукӣ
Ӯҳдадории тасдиқи риояи шартҳои нигаҳдории мол таҳти низоми гумрукии арзшуда, ки мазмуни он пардохти қисман ё пурраи боҷҳои гумрукӣ ва андоз ё баргардонидани маблағи пардохтшуда ва (ё) истифода набурдани мамнӯият ва маҳдудияти дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ менамояд, ба зиммаи декларант гузошта мешавад.
Моддаи 161(1). Масъулият барои риоя накардани шарту талаботи низоми гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012
№ 845)
1. Масъулият барои риоя накардани шарту талаботи низоми гумрукӣ ба зиммаи шахсоне, ки ҳамин Кодекс муайян намудааст, гузошта мешавад.
2. Шахсон барои риоя накардани шарту талаботи низоми гумрукӣ нисбат ба мол ё маҳсули коркарди он, ки таҳти назорати гумрукӣ қарор доранд, дар ҳолатҳои зерин масъулият надоранд:
- нобудшавӣ, осебпазирӣ, вайроншавӣ ё талафи бебозгашти онҳо дар натиҷаи садама ё таъсири қувваи рафънопазир;
- тағйирёбии теъдод ё ҳолати онҳо дар натиҷаи фарсудашавии табиӣ, талафоташон дар шароити мӯътадили интиқол, нигаҳдорӣ ва истифода (эксплуататсия), агар амалиётҳои мазкур дар доираи низоми гумрукии интихобшуда амалӣ шаванд;
- аз соҳибии шахси ваколатдор бо қарор ё дар натиҷаи амалҳои мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлатҳои хориҷӣ соқит шудани онҳо.
3. Ӯҳдадории тасдиқ намудани ҳолатҳое, ки боиси талафот, осебпазирии молҳо, тағйирёбии теъдод ва ҳолати онҳо шудаанд, ба зиммаи шахсоне, ки барои риояи низоми гумрукӣ масъуланд, вогузор мегардад. Ҳолатҳое, ки дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ рух додаанд, аз ҷониби консулгарии дар хориҷа будаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти салоҳиятдори давлате, ки дар ҳудудаш ҳолатҳои зикршуда рух додаанд, тасдиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012
№ 845, аз 30.05.2017
№ 1421).
Моддаи 162. Оқибати ситонидани мол аз рӯи парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ
1. Дар сурати ситонидани моли таҳти низоми гумруки ҷойгиршуда оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амали низоми гумрукӣ нисбати ин мол боздошта мешавад.
2. Агар қарори эътибори қонуни пайдокарда оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ мусодираи моли таҳти низоми гумрукӣ ҷойгиршударо пешбинӣ накарда бошад, амали низоми гумрукӣ нисбати ин мол барқарор карда мешавад.
Ҳангоми барқарор намудани амали низоми гумрукӣ фоизҳо, ки ҳисоб кардан ва пардохтани онҳо тибқи ҳамин зерфасл пешбинӣ гардидаанд, барои давраи боздоштани амали низоми гумрукӣ ҳисоб карда ва пардохта намешаванд.
3. Агар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудани шахс ба риоя накардани низоми гумрукӣ вобаста бошад ва риоя накардани он боиси имконнопазирии истифодаи минбаъдаи ҳамин низоми гумрукӣ гардад, низоми гумрукӣ бояд мутобиқи зерфасли мазкур дар давоми 15 рӯзи баъди эътибор пайдо кардани қарори дахлдор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, анҷом дода шавад.
БОБИ 18. ИҶОЗАТ БАРОИ МУОМИЛОТИ ОЗОД
Моддаи 163. Мазмуни низоми гумрукии иҷозат барои муомилоти озод
Иҷозат барои муомилоти озод низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли хориҷӣ бе маҳдудият барои истифода ва истеъмол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Моддаи 164. Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии иҷозат барои муомилоти озод
1. Иҷозати мол барои муомилоти озод бо шартҳои зайл анҷом дода мешавад:
1) пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз;
2) риояи маҳдудиятҳое, ки хусусияти иқтисоди надоранд ва мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд;
3) иҷрои талаботи дигари пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) анҷоми барасмиятдарории гумрукӣ.
2. Дар сурати риоя накардани шартҳои зикргардида мол мувофиқи моддаи 151 ҳамин Кодекс шартан иҷозат дода мешавад.
Моддаи 165. Мазмуни низоми гумрукии содирот
Содирот низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли ватанӣ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе маҳдудият барои истифода ва истеъмол берун аз ин ҳудуд содир карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Моддаи 166. Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии содирот
1. Содироти мол ба шарти пардохти боҷи гумрукии содиротӣ бо тартиби пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва риояи маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
2. Ҳангоми содироти мол озод кардан аз пардохт, баргардонидан ё ҷуброни андозҳои дохили мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
БОБИ 20. ТРАНЗИТИ ГУМРУКИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Моддаи 167. Мазмуни низоми гумрукии транзити гумрукии байналмилалӣ
Транзити гумрукии байналмилалӣ низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли хориҷӣ дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати гумрукӣ байни ҷойи расидани онҳо ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи баровардани онҳо аз ин ҳудуд (агар ин як қисми роҳе бошад, ки берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад ва хотима меёбад) бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин бидуни истифодаи мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Моддаи 168. Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии транзити гумрукии байналмилалӣ
1. Таҳти низоми гумрукии транзити гумрукии байналмилалӣ ҳама гуна моли хориҷиро ҷойгир намудан мумкин аст, ба истиснои моле, ки транзиташ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
2. Мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд шартҳои иловагии таҳти низоми гумрукии транзити гумрукии байналмилалӣ ҷойгир намудани мол муқаррар карда шаванд.
Моддаи 169. Нисбати қоидаҳои транзити гумрукии байналмилали истифода бурдани қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс оид ба транзити дохилии гумрукӣ
1. Ҳангоми транзити гумрукии байналмилалӣ тартиби додани иҷозат аз ҷониби мақоми гумрук барои транзити гумрукии байналмилалӣ ва муайян намудани мӯҳлати транзити гумрукии байналмилалӣ, ҳаммонандсозии мол ва чораҳои таъмини қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи моддаҳои 80 - 86 ҳамин Кодекс нисбати транзити дохилии гумрукӣ ва нисбати транзити гумрукии байналмилалӣ татбиқшаванда анҷом дода мешавад.
2. Нисбати ҳуқуқ, ӯҳдадори ва масъулияти интиқолдиҳанда ё экспедитор ҳангоми транзити гумрукии байналмилалӣ муқаррароти пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 88, инчунин моддаҳои 90 ва 91 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад.
Моддаи 170. Азнавборкунии моли транзитӣ ва дигар амалиёт нисбати моли транзитӣ
1. Аз нав бор кардани моли транзитӣ аз нақлиёте, ки тавассути он мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст, ба нақлиёте, ки мол аз ин ҳудуд бароварда мешавад, танҳо бо иҷозати мақоми гумруке анҷом дода мешавад, ки дар минтақаи фаъолияти он чунин амалиёти моли сурат мегирад. Агар моли транзитӣ ба нақлиёти дигар бе кандани тамға ва мӯҳрҳои гузошташудаи гумрукӣ бор карда шаванд, чунин азнавборкунӣ бо огоҳонидани пешакии мақоми гумрук иҷозат дода мешавад. Тартиби огоҳониданро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012
№ 845, аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Ба анбор ҷойгир кардани (нигаҳдорӣ, ба қисмҳо ҷудо намудан, ҷамъ намудани партияҳои зиёди мол ва дигар чунин амалиёт) моли транзитӣ дар минтақаи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс иҷозат дода мешавад.
3. Нисбати моли транзити иҷрои амалиёте, ки дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинӣ нашудаанд, танҳо ҳангоме иҷозат дода мешавад, ки агар он вобаста ба хатари воқеии нобудшавӣ, гумшавӣ, тамоман талафшавӣ ё бениҳоят вайроншавии мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт анҷом дода шавад.
Моддаи 171. Анҷоми низоми гумрукӣ
1. Транзити гумрукии байналмилалӣ бо баровардани моли транзитӣ аз минтақаи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом меёбад.
Интиқолдиҳанда вазифадор аст, ки моли транзитӣ, декларатсияи транзитӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои моли транзитии бо мақсади транзити гумрукии байналмилалии мол истифодашавандаро ба мақоми гумруки таъинот пешниҳод намояд (қисми 1 моддаи 92). Мақоми гумруки таъинот вазифадор аст барои ба анҷом расонидани транзити гумрукии байналмилали амалиёти зарурии гумрукиро иҷро намуда, дар рӯзи пешниҳоди моли транзитӣ ва ҳуҷҷатҳои транзитӣ барои баровардани мол ва воситаҳои нақлиёт (моддаи 120) иҷозат диҳад.
Ҳангоми баровардани моли транзитӣ бо партияҳои алоҳида транзити гумрукии байналмилалӣ баъди баровардани партияи охирини мол аз минтақаи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомёфта ба ҳисоб меравад.
2. Транзити гумрукии байналмилалӣ дар сурати риояи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс метавонад инчунин ҳангоми таҳти низоми дигари гумрукӣ ҷойгир намудани мол ба анҷом расад.
Моддаи 172. Хусусиятҳои истифодаи низоми гумрукӣ
1. Агар маҳали расидани моли транзити ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳали бароварданаш аз ин ҳудуди гумруки мутобиқ ояд, транзити гумрукии байналмилалӣ бо тартиби соддагардонидашуда иҷозат дода мешавад. Интиқолдиҳанда ё экспедитор танҳо он ҳуҷҷату маълумотеро пешниҳод мекунад, ки ҳангоми расидани мол ва воситаҳои нақлиёт зарур аст (моддаи 72) ва иҷозат барои транзит бошад - дар рӯзи пешниҳоди мол ва ҳуҷҷату маълумот ба мақоми гумрук дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Агар моли транзити дар маҳали дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда аз воситаи нақлиёте, ки ҳангоми ворид намудан истифода шудааст, ба нақлиёте бор карда шавад, ки ҳангоми баровардани мол истифода мешавад, азнавборкунӣ танҳо бо иҷозати мақоми гумрук иҷозат дода мешавад. Чунин иҷозат ба интиқолдиҳанда ё экспедитор ҳангоми пешниҳод намудани ҳуҷҷату маълумоти пешбининамудаи моддаи 72 ҳамин Кодекс дода мешавад.
Мақоми гумрук танҳо дар ҳолатҳое, ки агар амалиёти моли нисбати моли транзитӣ боиси аз байн рафтан ё тағйирёбии хусусияти истеъмолии он мегардад, метавонад ба иҷрои амалиёти моли иҷозат надиҳад.
БОБИ 21. КОРКАРД ДАР ҲУДУДИ ГУМРУКӢ
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421)
Моддаи 173. Мазмуни низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ
1. Коркард дар ҳудуди гумрукӣ низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон овардашуда барои мақсади иҷрои амалиёти коркард дар мӯҳлати муайяншуда (мӯҳлати коркарди мол), бо озодкунии шартии пурра аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ва минбаъд содир намудани маҳсули коркардашуда берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати муайян истифода мегардад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Нисбати моли воридотӣ, ки таҳти низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ ҷойгир карда шудааст, ҳамаи мамнӯият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Моддаи 174. Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421)
1. Коркард дар ҳудуди гумрукӣ дар сурати мавҷуд будани иҷозати мақоми гумрук анҷом дода мешавад (моддаи 179) (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ иҷозат дода мешавад, агар мақомоти гумрук моли барои коркард воридшударо ба маҳсули коркард ҳаммонанд карда тавонанд (моддаи 175), ба истиснои ҳолатҳое, ки агар низоми гумруки бо содироти маҳсули коркард, ки дар натиҷаи коркарди мол ҳосил шудааст ва мувофиқи моддаи 186 ҳамин Кодекс эквиваленти моли воридшуда мебошад, анҷом ёбад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
3. Таҳти низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ, бо риояи талабот ва шартҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, метавонад моли хориҷие ҷойгир карда шавад, ки пештар таҳти низомҳои дигари гумрукӣ қарор дошт (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳоеро муайян менамояд, ки нисбати намудҳои муайяни моли воридшуда коркард дар ҳудуди гумрукӣ иҷозат дода намешавад, инчунин ҷиҳати иҷозат додани мол барои иҷрои амалиёти коркард тибқи низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ, бо назардошти ҳифзи манфиатҳои истеҳсолкунандагони ватанӣ маҳдудиятҳои миқдорӣ ё арзиширо муқаррар намояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Моддаи 175. Ҳаммонандсозии маҳсули моли коркардшуда
1. Барои ҳаммонандсозии маҳсули моли воридотии коркардшуда метавонанд усулҳои зайле истифода шаванд, ки агар ин усулҳо вобаста ба хусусияти мол ва амалиёт оид ба коркарди мол қобили истифода бошанд:
1) аз ҷониби аризадиҳанда, коркардкунанда ё шахси мансабдори мақоми гумрук гузоштани мӯҳр, штамп, маркировкаи рақами ва ғайра ба моли воридшуда;
2) тавсифи пурраи моли воридшуда, суратгирӣ ва тасвири он дар масштаб;
3) муқоисаи натиҷаи таҳқиқи чошнӣ ва намунаҳои моли воридшуда ва маҳсули коркарди он;
4) коркарди моле, ки барои истеҳсоли маҳсули моли коркардашуда мусоидат менамояд ё онро осон мекунад, ҳатто агар ин мол қисман ё пурра дар ҷараёни коркард мавриди истеъмол қарор гирад.
Моддаи 176. Амалиёт доир ба коркарди мол
Амалиёт доир ба коркарди мол таҳти низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ амалҳои зайлро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421):
1) коркард ё такмили худи мол;
2) истеҳсоли моли нав, аз ҷумла насб, васл ё ба қисмҳо ҷудо кардани мол;
3) таъмири мол, аз ҷумла барқарорсозӣ, ивази қисмҳои асосӣ ва барқарор кардани хусусиятҳои истеъмолӣ;
4) коркарди моле, ки барои истеҳсоли маҳсули моли коркардашуда мусоидат менамояд ё онро осон мекунад, ҳатто агар ин мол қисман ё пурра дар ҷараёни коркард мавриди истеъмол қарор гирад.
Моддаи 177. Мӯҳлати коркарди мол
1. Мӯҳлати коркарди мол аз ҷониби аризадиҳанда бо розигии мақоми гумрук муқаррар карда мешавад ва наметавонад аз ду сол зиёд бошад.
2. Муқаррар намудани мӯҳлати коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ бо назардошти давомнокии ҷараёни коркарди мол ва мӯҳлате, ки барои ихтиёрдории маҳсули коркарди он зарур аст, муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
3. Агар шахси барои коркард иҷозатгирифта дар мӯҳлати муайян, бе вайрон кардани талабот ва шартҳои дар ҳамин боб зикргардида, бо сабабҳои ба ӯ новобаста низоми гумрукиро ба охир расонида натавонад, бо пешниҳоди асосноки шахси барои коркард иҷозатгирифта мӯҳлати аввалаи коркард дар доираи мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда тамдид карда мешавад.
4. Ҷараёни вақти коркарди мол аз рӯзи ҷойгир намудани он таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ ва дар сурати бо партияи алоҳида ворид намудани мол аз рӯзи воридоти партияи аввали он оғоз мегардад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Моддаи 178. Меъёри баромади маҳсули коркард
1. Меъёри баромади маҳсули коркард (миқдор ё таркиби фоизии маҳсули коркард, ки дар натиҷаи коркарди миқдори муайяни моли овардашуда ҳосил шудааст) аз ҷониби аризадиҳанда бо розигии мақоми гумрук бо назардошти шароити воқеие, ки мол мавриди коркард қарор мегирад ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 3 ҳамин модда пешбиншуда муайян карда мешавад.
2. Ҳангоми мувофиқаи миқдори баромади маҳсули коркардшуда мақоми гумрук хулосаи ташкилотҳои экспертиро (аз ҷумла лабораторияҳои гумрукиро), ки ба ҷараёни мушаххаси технологӣ асос ёфтааст, ба инобат мегирад.
3. Агар амалиёт оид ба коркарди моли дорои хусусияти доими маъмулан мувофиқи шартҳои муайяни техникӣ иҷро шуда, боиси истеҳсоли маҳсули коркарди сифатан бетағйир гардад, мақомоти давлатии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда барои мақсади гумрукӣ меъёри стандартии баромади маҳсули коркардро муқаррар мекунад.
4. Тавсиф, сифат ва миқдори маҳсули коркард баъди мувофиқаи баромади ниҳоии маҳсули коркардшуда пурра муайян карда мешавад.
Моддаи 179. Рухсатнома барои коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421)
1. Барои коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ ҳар як шахси манфиатдори ватанӣ, аз ҷумла шахсе, ки мустақиман амалиёти коркарди маҳсулотро анҷом намедиҳад, метавонад рухсатнома гирад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Рухсатномаи коркарди мол аз ҷониби мақоми гумрук дар асоси аризаи шахси манфиатдор дода мешавад.
3. Дар рухсатномаи коркарди мол инҳо зикр карда мешаванд:
1) тавсиф, сифат ва миқдори маҳсулоте, ки барои коркард таъин гардидааст ва маҳсули коркардшудаи он;
2) амалиёти вобаста ба коркарди мол ва тарзи иҷрои он;
3) меъёри баромади маҳсули коркард;
4) усулҳои ҳаммонандсозии моли воридшуда бо маҳсули коркард;
5) мӯҳлати коркарди мол;
6) дигар маълумоте, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад ва барои мақсадҳои гумрукӣ зарур аст.
Намунаи рухсатномаро барои коркарди мол мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд.
4. Рухсатнома барои коркарди мол дар мӯҳлати муайяншудаи коркарди мол амал мекунад.
5. Шахсе, ки барои коркарди мол рухсатнома гирифтааст, дар мӯҳлати амали он ҳуқуқ дорад онро бо иҷозати хаттии мақоми гумрук (моддаи 61) ба шахси дигари ватанӣ супорад, ба шарте ки ин шахс ӯҳдадор шавад, ки минбаъд низ талабот ва шартҳои дар моддаҳои 173 -180 ҳамин Кодекс муқарраршударо риоя менамояд. Ҳамзамон шахсе, ки барои коркарди мол рухсатнома гирифтааст, бояд ба мақоми гумрук оид ба иҷрои талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин модда барои даврае, ки мол мутобиқи низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ истифода шудааст, ҳисобот диҳад, инчунин агар мутобиқи ҳамин Кодекс дар ин давра ҳолатҳое ба миён оянд, ки пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозро тақозо мекунанд, боҷҳои гумрукӣ ва андозро пардозад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Шахсе, ки ба ӯ барои коркарди мол рухсатнома дода шудааст, бояд ӯҳдадор шавад, ки талабот ва шартҳои мувофиқи ҳамин боб муқарраргардидаро риоя менамояд, инчунин агар риояи низоми гумрукӣ бо кафолат таъмин бошад (моддаи 160), ҳуҷҷатҳои заруриро ба номи худ ба расмият дарорад. Шахси мазкур аз рӯзи аз ҷониби мақоми гумрук қабул намудани қарор дар бораи додани рухсатнома барои коркарди мол дорои ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳое мебошад, ки ҳамин Кодекс нисбати шахси барои коркарди мол рухсатнома гирифта муқаррар намудааст.
6. Бо шарти аз ҷониби аризадиҳанда риоя гардидани талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин боб рухсатнома барои коркарди мол метавонад то овардани мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъди он дода шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
7. Шахсе, ки барои коркарди мол рухсатнома гирифтааст, мутобиқи қисми 2 моддаи 350 ҳамин Кодекс барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул мебошад.
Моддаи 180. Тартиби додани рухсатномаи коркарди мол
1. Барои гирифтани рухсатномаи коркарди мол ба мақоми гумрук аризаи дорои чунин маълумот пешниҳод мешавад:
1) дар бораи аризадиҳанда;
2) дар бораи шахсе (шахсоне), ки мустақиман амалиёти коркарди молро иҷро менамояд;
3) дар бораи моле, ки барои коркард таъин гардидааст, маҳсули коркард, инчунин партову пасмондаҳо;
4) дар бораи амалиёт оид ба коркарди мол, тарз ва мӯҳлати иҷрои он;
5) дар бораи ҷойгиршавии иқтидорҳои истеҳсолие, ки тавассути онҳо амалиёти коркарди мол иҷро карда мешавад;
6) дар бораи меъёри маҳсули коркард;
7) дар бораи усулҳои ҳаммонандсозии моли воридшуда бо маҳсули коркард;
8) дар бораи ивази моли воридшуда бо моли эквивалентӣ;
9) дар бораи мӯҳлати коркарди мол.
2. Намунаи ариза ва тарзи пешниҳоди дорои маълумоте, ки дар он мебошад, аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.
Ба ариза ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти арзшуда замима мегардад.
3. Мақоми гумрук ариза ва ҳуҷҷатҳои замимагардидаро дар давоми 30 рӯзи гирифтани он баррасӣ менамояд. Дар ин муддат мақоми гумрук риояи талабот ва шартҳои муқарраргардидаро тафтиш намуда, оид ба мувофиқаи меъёри арзшудаи маҳсули коркард ва мӯҳлати коркарди мол қарор қабул мекунад.
Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад аз шахсони сеюм, инчунин аз мақомоти давлати ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикргардидаро дархост намояд. Шахсони зикргардида дар давоми 10 рӯзи гирифтани дархост вазифадоранд ҳуҷҷатҳои талабшударо пешниҳод намоянд. Ҳамзамон мақоми гумрук ҳуқуқ дорад мӯҳлати баррасии аризаро то ду моҳ аз рӯзи қабул тамдид намояд.
Рухсатнома барои коркарди мол ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба қайд гирифта мешавад. Ҳангоми риоя накардани талабот ва шартҳои муқарраршуда мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуқуқ дорад рухсатномаи коркарди молро надиҳад.
4. Ба сифати ариза барои коркарди мол декларатсияи гумрукӣ оид ба ҷойгиронии мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ истифода бурда мешавад, ба шарте ки ҳангоми воридоти мол ва содироти минбаъдаи маҳсули коркардшуда он ҳамзамон ба ҳамон як мақоми гумрук пешниҳод гардида, ба расмият дароварда шавад, агар (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421):
1) мақсади таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ қарор додани он аз таъмир, аз ҷумла таъмири ройгон иборат бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421);
2) арзиши гумрукии моле, ки таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ қарор дорад, набояд аз ҳаҷми 600 - нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад (Конун аз 06.10.2008с.
№ 437, аз 30.05.2017
№ 1421);
3) пасмондаи моли қаблан овардашуда мутобиқи қисми 1 моддаи 184 ҳамин Кодекс таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ ҷой дода шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
5. Агар ба сифати ариза барои коркарди мол декларатсияи гумрукӣ истифода шавад, мӯҳлати баррасии он набояд аз мӯҳлати тафтиши декларатсияи гумрукӣ, ки қисми 1 моддаи 400 ҳамин Кодекс муқаррар кардааст, зиёд бошад.
6. Мақоми гумрук танҳо дар ҳолате, ки агар аризадиҳанда ҳангоми пешниҳоди он талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи моддаҳои 173 - 180 ҳамин Кодексро иҷро накунад, инчунин ҳангоми аз ҷониби мақоми гумрук қабул намудани қарори мувофиқа накардани меъёри арзшудаи маҳсули коркард ва мӯҳлати коркарди мол додани рухсатномаро рад менамояд.
Надодани рухсатнома барои коркарди мол аз ҷониби мақоми гумрук бояд асоснок карда шуда, сабаби он зикр гардад. Оиди надодани рухсатнома аризадиҳанда хатти огоҳ карда мешавад.
Моддаи 181. Бозхондани рухсатнома барои коркарди мол
1. Рухсатномаи барои коркарди мол додашуда аз ҷониби мақоми гумрук бозхонда мешавад, агар ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ дар асоси қисми 4 моддаи 174 ҳамин Кодекс мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода нашавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Қарор дар бораи бозхондани рухсатнома аз рӯзи эътибори қонуни пайдо кардани санади дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
3. Ҳангоми бозхондани рухсатномаи барои коркарди мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ додашуда тибқи рухсатномаи бозхондашуда коркарди мол рухсат дода намешавад ва нисбати моле, ки то бозхондани рухсатнома таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ қарор дорад, мувофиқи ҳамин боб ба охир расонидани низоми гумрукии мазкур иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
4. Намунаи бозхондани рухсатнома барои коркарди мол аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 182. Озод намудани маҳсули коркард аз боҷи гумрукии содиротӣ ва ҷори намудани мамнӯият ва маҳдудиятҳо нисбати маҳсули коркард
1. Ҳангоми содироти маҳсули коркард аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷҳои гумрукии содиротӣ пардохта намешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Нисбати содироти маҳсули коркард ҳамаи мамнӯият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд.
Моддаи 183. Партовҳои коркарди мол
1. Нисбати партовҳое, ки дар натиҷаи коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ ба вуҷуд меоянд, боҷҳои гумрукӣ ва андоз пардохта мешаванд, чуноне, ки агар ин партовҳо дар ҳамон ҳолат ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин партовҳо аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шудаанд ё дар шакле коркард шудаанд, ки барои истифодаи тиҷоратии минбаъда дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон корношоям мебошанд ва наметавонанд бо усули аз нигоҳи иқтисоди судманд ба ҳолати аввалаашон баргардонида шаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Партовҳое, ки аз онҳо боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида мешаванд, бояд декларатсия карда шаванд.
2. Бо мақсади ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз партовҳо чун моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ҳисоб карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Арзиши гумрукии партовҳо мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти мушаххасоти муқарраркардаи қисми 3 ҳамин модда муайян карда мешавад.
3. Ҳангоми муайян карда натавонистани арзиши гумрукии партовҳо бо усули нархи аҳдномавии моли овардашуда, усули арзиши аҳдномавӣ ба моли шабеҳ ё усули арзиши моли ҳамҷинс мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзиши гумрукии партовҳо бо яке аз арзишҳои зерин муайян карда мешавад:
1) нархи фурӯши партовҳо ҳангоми фурӯши ибтидоии онҳо дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба харидоре, ки бо ягон аъзои муомилот оид ба коркарди мол алоқаманд нест (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421);
2) нархи фурӯши моли шабеҳ ё ҳамҷинси партовҳо, агар ин мол дар натиҷаи коркарди шабеҳ бо истифодаи низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ истеҳсол шуда бошад ва агар нархи фурӯш ҳангоми фурӯши ибтидоии он дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба харидоре, ки бо ягон аъзои муомилот оид ба коркарди мол алоқаманд нест (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421);
3) нархи аҳдномавии моле, ки ба нархи партовҳо шабеҳ ё ҳамҷинс мебошад, агар ин мол ҳамчун моли содиротӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхта шуда бошад ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамон вақт ё тақрибан дар ҳамон вақте, ки декларатсияи партовҳо сурат гирифтааст, ворид карда шуда бошад;
4) нархи фурӯши моли ба партовҳо шабеҳ ё ҳамҷинси дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни фурӯшандаю харидорӣ ба ҳамдигар вобастагӣ надошта, бо тарҳи андозҳое, ки ҳангоми фурӯши мол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
Моддаи 184. Пасмондаҳои коркарди мол
1. Пасмондаи моли таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ ҷойгир шударо аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе пардохти боҷҳои гумрукии содиротӣ баровардан ё таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор додан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Аз пасмондаи бароварданашуда маблағи боҷу андозҳои воридотии гумрукӣ ситонида мешавад, чуноне, ки агар ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин шакл ворид шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Пасмондаҳое, ки барои онҳо боҷҳои гумрукӣ ва андоз пардохта мешаванд, бояд декларатсия карда шаванд.
Маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо назардошти ҳаҷми миқдор ё арзиши пасмондаҳо мутаносибан ба маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз муайян карда мешавад, чуноне, ки агар моли дар натиҷаи коркарди он чунин пасмондаҳо ҳосилшуда дар рӯзи таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ ба муомилоти озод бароварда шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Моддаи 185. Анҷом ва боздошти низоми гумрукӣ
1. Дар мӯҳлати на дертар аз рӯзи анҷоми мӯҳлати коркард (моддаи 177) низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ бояд бо содироти маҳсули коркард аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёбад ё моли воридшуда ва маҳсули коркарди он таҳти низоми дигари гумрукӣ ҷойгир карда шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Агар маҳсули коркард аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якчанд партия бароварда шавад, муқоисаи ниҳоии миқдори маҳсули коркарди дар рухсатномаи коркарди мол (моддаи 179) зикршуда метавонад давра ба давра, баъди баровардани маҳсули коркард, ақаллан дар се моҳ як маротиба ва дар давоми 30 рӯзи баровардани партияи охирини маҳсули коркард гузаронида шавад. Агар дар натиҷаи чунин муқоиса шахсе, ки рухсатномаи коркардро дар ҳудуди гумруки гирифтааст, боҷҳои гумрукӣ ва андоз супорад, аз чунин маблағи пардохтҳои гумрукӣ фоиз ситонида намешавад, ба шарте агар пардохт дар давоми 10 рӯзи ба таври хаттӣ қабул шудани қарори мақоми гумрук оид ба зарурияти пардохти зикршуда анҷом дода шавад. Мақоми гумрук дар рӯзи дигари қабули қарор ба шахсе, ки рухсатномаи коркарди молро гирифтааст, оид ба зарурияти пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз огоҳинома мефиристад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
3. Низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудудигумрукӣ метавонад бо иҷозат додани моли барои коркард овардашуда ва (ё) маҳсули коркарди онҳо барои муомилоти озод ё ҷойгир намудани онҳо таҳти дигар низоми гумрукӣ, бо риояи шарту талаботи муқарраркардаи ҳамин Кодекс анҷом ёбад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
4. Бо иҷозат додани моли барои коркард овардашуда ва (ё) маҳсули коркарди онҳо барои муомилоти озод маблағҳои боҷҳои гумрукӣ ва андоз тарзе пардохта мешаванд, ки агар моли овардашуда дар рӯзи ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ қарор гирифта бошад, инчунин фоизҳо аз маблағи зикршуда дар ҳаҷми муқарраркардаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тарзе пардохта мешаванд, ки агар нисбати ин маблағҳо аз рӯзи ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ мӯҳлат дароз карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
5. Бо талаби шахси манфиатдор амали низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ мумкин аст дар чунин ҳолатҳо боздошта шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421):
1) ҳангоми ҷойгир намудани маҳсули коркард дар анбори гумрукӣ мутобиқи қисми 3 моддаи 217 ҳамин Кодекс;
2) ҳангоми ҷойгир намудани маҳсули коркард таҳти дигар низомҳои гумрукие, ки иҷозат барои муомилоти озодро пешбинӣ наменамоянд.
6. Боздоштани амали низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ боиси боздоштани мӯҳлати коркарди мол мегардад (моддаи 177). Фоиз ва боҷу андозҳое, ки мутобиқи ҳамин модда дар назар дошта шудааст, дар давраи боздоштани амали низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумруки ҳисобӣ ва пардохт карда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Дар давраи боздоштани амали низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ иҷрои амалиёт оид ба коркарди мол (моддаи 176) иҷозат дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
7. Низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ метавонад ҳангоми бе тағйир баровардани моли овардашуда низ хотима ёбад (бо усули реэкспорт) (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Моддаи 186. Ҷуброни баробарарзиш (эквивалентӣ)
1. Бо иҷозати мақоми гумрук моли овардашудае, ки таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ ҷойгир шудааст, метавонад бо дигар мол, аз ҷумла бо моли ватанӣ иваз карда шавад, агар он тибқи намуд, сифат ва хусусияти техникӣ ба моли овардашуда монанд бошад (ҷуброни баробарарзиш) (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Маҳсулоте, ки дар натиҷаи коркарди моли баробарарзиш ҳосил шудааст, мутобиқи муқаррароти ҳамин боб, ҳамчун маҳсули коркарди моли овардашуда баррасӣ мегардад.
3. Моли баробарарзиш бо мақсадҳои гумрукӣ дорои статуси моли овардашуда буда, моли овардашуда бошад - статуси моли баробарарзишро дорад.
4. Агар ҷуброни баробарарзиш иҷозат дода шавад, содироти моли коркардшуда бо шарти будани рухсатномаи коркард то овардани мол барои коркард ба ҳудуди гумрукӣ иҷозат дода мешавад. Барои воридоти чунин мол мақомоти гумрук мӯҳлат муқаррар менамоянд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
БОБИ 22. КОРКАРД БАРОИ МУОМИЛОТИ ОЗОД
Моддаи 187. Мазмуни низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод
1. Коркард барои муомилоти озод низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон овардашуда бо мақсади иҷрои амалиёти коркард дар мӯҳлати муайяншуда (мӯҳлати коркарди мол), бо пурра шартан озод кардан аз боҷи гумрукӣ ва баровардани маҳсули коркардшуда барои муомилоти озод бо пардохти боҷҳои гумрукӣ тибқи меъёрҳое, ки нисбати маҳсули коркард қабул карда шудааст, истифода бурда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016
№ 1347, аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Нисбати моле, ки таҳти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод ҷойгир шудааст, ҳамаи мамнӯият ва маҳдудиятҳои муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд.
Моддаи 188. Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод
1. Мол таҳти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод бо шартҳои зерин иҷозат дода мешавад:
1) агар рухсатномаи мақоми гумрук мавҷуд бошад (моддаи 192);
2) пешниҳоди хулосаи мақоми давлатии ваколатдор оид ба меъёри маҳсули коркард тибқи намунаи муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо мувофиқаи мақоми давлатии ваколатдор;
3) ҳаммонандсозии маҳсули коркард бо моли хориҷӣ аз ҷониби мақомоти гумрук (моддаи 189);
4) таъмини иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини имконнопазирии гирифтани молу маҳсули коркард бидуни назорати гумрукӣ, фароҳам овардани шароит барои назорати гумрукӣ, таъмини дастрасии мақомоти гумрук ба мол, ҳисоби мол ва иҷрои амалиёт бо онҳо, инчунин додани ҳисобот;
5) имконнопазирии барқарор намудани маҳсули коркард ба ҳолати ибтидоӣ бо усули аз нигоҳи иқтисоди судманд;
6) маблағи боҷҳои гумрукии барои маҳсули коркард пардохтшаванда аз маблағе, ки дар рӯзи ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол барои муомилоти озод бояд пардохта шавад, камтар аст, чуноне агар онҳо барои муомилоти озод иҷозат дода мешуданд;
7) воридоти мол барои коркард аз ҷониби шахсе, ки мустақиман ба коркарди мол машғул мебошад.
2. Низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод аз ҷониби шахсе арз карда мешавад, ки мутобиқи ҳамин Кодекс ба сифати декларант баромад карда метавонад.
3. Моли хориҷие, ки пештар таҳти низомҳои дигари гумрукӣ қарор дошт, бо риояи талабот ва шартҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс метавонад таҳти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод ҷойгир карда шавад.
4. Рӯйихати молеро, ки таҳти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод ҷойгир намудан мумкин нест, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 189. Ҳаммонандсозии мол дар маҳсули коркарди он
Ҳангоми ҳаммонандсозии мол ба маҳсули коркарди он усулҳои пешбининамудаи моддаи 175 ҳамин Кодекс истифода бурда мешаванд.
Моддаи 190. Амалиёт доир ба коркарди мол
Амалиёт доир ба коркарди мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол барои муомилоти озод амали зайлро дар бар мегирад:
1) коркард ва такмили худи мол;
2) истеҳсоли моли нав, аз ҷумла васл, насб ё ба қисмҳо ҷудо кардани мол.
Моддаи 191. Мӯҳлати коркарди мол
1. Мӯҳлати коркарди мол бо розигии мақоми гумрук аз ҷониби аризадиҳанда муқаррар карда мешавад ва наметавонад аз як сол зиёд бошад.
2. Мӯҳлати коркарди мол барои муомилоти озод бо назардошти давомнокии ҷараёни коркарди он муқаррар карда мешавад.
3. Агар шахси барои коркард иҷозатгирифта бе вайрон кардани талабот ва шартҳои дар ҳамин боб зикргардида натавонад дар мӯҳлати муайян бо сабабҳои ба ӯ новобаста низоми гумрукиро ба охир расонад, тибқи аризаи асосноки шахси барои коркард иҷозатгирифта мӯҳлати ибтидоии коркард дар доираи мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда дароз карда мешавад.
4. Мӯҳлати коркарди мол аз рӯзи ҷойгир намудани он таҳти низоми гумрукии коркарди мол барои муомилоти озод ва ҳангоми қисман ворид намудани мол аз рӯзи воридоти партияи аввали он оғоз мегардад.
Моддаи 192. Рухсатномаи коркарди мол барои муомилоти озод
1. Рухсатномаи коркарди мол барои муомилоти озод аз ҷониби мақоми гумрук дар асоси аризаи декларант дода мешавад (қисми 1 моддаи 193).
2. Дар рухсатнома инҳо зикр карда мешаванд:
1) тавсиф, сифат ва миқдори моли барои коркард воридшуда ва маҳсули коркарди он;
2) амалиёт нисбати коркарди мол ва усули иҷрои он;
3) меъёри маҳсули коркард;
4) усулҳои ҳаммонандсозии маҳсули моли воридотии коркардшуда;
5) мӯҳлати коркарди мол;
6) дигар маълумоте, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад ва барои мақсади гумрукӣ зарур аст.
Намунаи рухсатнома барои коркарди мол аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.
3. Рухсатнома барои коркарди мол дар мӯҳлати муайяншудаи коркарди мол амал мекунад.
4. Рухсатнома барои коркарди мол то ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол барои муомилоти озод дода мешавад.
5. Рухсатномаи гирифтаро ба шахси дигар додан мумкин нест.
6. Мутобиқи қисми 2 моддаи 350 ҳамин Кодекс шахсе, ки барои коркарди мол рухсатнома гирифтааст, барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул мебошад.
Моддаи 193. Тартиби додани рухсатномаи коркарди мол
1. Барои гирифтани рухсатномаи коркарди мол ба мақоми гумрук аризаи дорои чунин маълумот дода мешавад:
1) дар бораи аризадиҳанда;
2) дар бораи шахсе (шахсоне), ки мустақиман амалиёти коркарди молро иҷро менамояд;
3) дар бораи моле, ки барои коркард таъин гардидааст, маҳсули коркард, инчунин партову пасмондаҳо;
4) дар бораи амалиёт оид ба коркарди мол, усул ва мӯҳлати иҷрои он;
5) дар бораи маҳали ҷойгиршавии иқтидорҳои истеҳсолие, ки тавассути онҳо амалиёти коркарди мол иҷро карда мешавад;
6) дар бораи меъёри маҳсули коркард;
7) дар бораи усулҳои ҳаммонандсозии маҳсули моли воридотии коркардшуда;
8) дар бораи мӯҳлати коркарди мол.
2. Намунаи ариза ва пешниҳоди маълумоте, ки дар онҳо мебошанд, аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.
Ба ариза ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти пешниҳодшуда замима мегардад.
3. Мақоми гумрук ариза ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардидаро дар давоми 30 рӯзи қабули онҳо баррасӣ менамояд. Дар давоми ин мӯҳлат мақоми гумрук риояи талабот ва шартҳои муқарраргардидаро тафтиш менамояд, инчунин оид ба мувофиқаи мӯҳлати коркарди мол меъёри маҳсули коркарди он, ки мутобиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи моддаи 178 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад, қарор қабул мекунад.
Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад аз шахсони сеюм, инчунин аз мақомоти давлати ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикргардидаро талаб намояд. Ин шахсон вазифадоранд дар давоми 10 рӯзи гирифтани дархост ҳуҷҷатҳои талабшударо пешниҳод намоянд. Ҳамзамон мақоми гумрук ҳуқуқ дорад мӯҳлати баррасии аризаро аз рӯзи қабул карда гирифтанаш то ду моҳ дароз кунад.
Рухсатнома барои коркарди мол ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба қайд гирифта мешавад. Ҳангоми риоя накардани талабот ва шартҳои муқарраршуда мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуқуқ дорад додани рухсатномаи коркарди молро рад намояд.
4. Мақоми гумрук танҳо дар ҳолате, ки агар ҳангоми додани ариза аризадиҳанда талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи моддаҳои 187 - 193 ҳамин Кодексро иҷро накунад, инчунин ҳангоми аз ҷониби мақоми гумрук қабул намудани қарори мувофиқа нашудани маълумоти арзшуда метавонад рухсатнома надиҳад.
Надодани рухсатнома барои коркарди мол аз ҷониби мақоми гумрук бояд асоснок карда шавад. Оид ба надодани рухсатнома аризадиҳанда хаттӣ огоҳ карда мешавад.
Моддаи 194. Партовҳо ва пасмондаҳо
Нисбати партовҳое, ки дар натиҷаи коркарди мол барои муомилоти озод ба вуҷуд меояд, инчунин пасмондаи моли таҳти низоми гумрукии коркарди мол барои муомилоти озод қарордошта қоидаҳои пешбининамудаи моддаҳои 183 ва 184 ҳамин Кодекс татбиқ мешаванд.
Моддаи 195. Анҷоми низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод
1. Низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод баъди иҷозати маҳсули коркард барои муомилоти озод анҷом меёбад. Ҳангоми иҷозати маҳсули коркард барои муомилоти озод боҷҳои гумрукӣ бо назардошти меъёрҳои барои маҳсули коркард муайяншуда ҳисоб карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347).
Арзиши гумрукӣ ва миқдори маҳсули коркард дар рӯзи иҷозат додани онҳо барои муомилоти озод муайян карда мешавад.
2. Дар мавридҳои истисноӣ ва бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод баъди бо риояи шартҳои барои интихоб ва (ё) иваз намудани низомҳои гумрукӣ пешбининамудаи ҳамин Кодекс таҳти низоми гумрукии дигар қарор додани маҳсули коркард низ анҷом меёбад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845).
Моддаи 196. Хусусиятҳои истифодаи меъёрҳои боҷи гумрукӣ нисбати маҳсули коркард
(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016
№ 1347)
Нисбати маҳсули коркард меъёри боҷҳои гумрукии мамлакате истифода бурда мешавад, ки моли барои коркард овардашударо истеҳсол намудааст. Агар дар ҷараёни коркард моли хориҷие истифода шавад, ки мамлакатҳои гуногун истеҳсол намудаанд, меъёри боҷҳои гумрукӣ бо назардошти хусусиятҳои зайл татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016
№ 1347):
1) агар дар натиҷаи коркард рамзи таснифоти тибқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар сатҳи ҳама гуна чор нишони аввал тағйир ёфта бошад, нисбати маҳсули коркард меъёри боҷҳои гумрукӣ ҳамчун нисбати моли воридотии мамлакатҳое истифода мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо дар муносибатҳои тиҷоратию сиёсӣ низоми ба миллат нисбатан мусоидаткунандаро фароҳам овардааст (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016
№ 1347, аз 30.05.2017
№ 1422);
2) дар дигар ҳолатҳо меъёри боҷҳои гумрукӣ тибқи кишвари истеҳсолкардаи моли хориҷие татбиқ мегардад, ки арзиши гумрукии он нисбатан баланд аст (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016
№ 1347).
БОБИ 23. КОРКАРД БЕРУН АЗ ҲУДУДИ ГУМРУКӢ
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421)
Моддаи 197. Мазмуни низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421)
1. Коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли ватанӣ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои амалиёти коркард дар мӯҳлати муайяншуда (мӯҳлати коркард) бароварда шуда, минбаъд маҳсули коркарди он бо қисман ё пурра озод намудан аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ бо шартан пурра озод намудан аз боҷҳои содиротӣ бароварда мешавад. Нисбати моли содиршаванда мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
3. Ҳангоми содироти мол мувофиқи низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ он аз пардохти андозҳои дохилӣ озод карда намешавад ва инчунин андозҳои дохилӣ баргардонида ё ҷуброн карда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Моддаи 198. Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрук коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421)
1. Коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ бо рухсатномаи мақоми гумрук иҷозат дода мешавад (моддаи 203) (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Агар мақоми гумрук моли содиршударо бо маҳсули коркардшуда ҳаммонанд карда тавонад (моддаи 199), коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ иҷозат дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳое ки иваз кардани маҳсули коркард ба моли хориҷӣ мувофиқи моддаи 206 ҳамин Кодекс амалӣ карда шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
3. Барои ҷойгиронии мол таҳти низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ мол барои мақсадҳои гумрукӣ бояд дорои статуси иҷозат ба муомилоти озод ё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол шуда бошад. Таҳти низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ қарор додани моле иҷозат дода мешавад, ки нисбати он имтиёз оид ба пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шудааст, агар ин амалиёт оид ба коркарди мол аз таъмир иборат бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ҳолатҳоеро муайян намояд, ки коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ нисбати баъзе намудҳои муайяни мол манъ карда шавад, инчунин нисбати иҷозати мол барои амалиёти коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ, бо назардошти ҳимояи манфиати истеҳсолкунандагони ватанӣ маҳдудиятҳои арзишӣ ё миқдориро муқаррар намояд. Ин мамнӯият ва маҳдудиятҳо мутобиқи моддаи 4 ҳамин Кодекс дар амал татбиқ мегарданд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Моддаи 199. Ҳаммонандсозии мол бо маҳсули коркард
1. Барои ҳаммонандсозии моли содиротӣ ва маҳсули коркарди он усулҳои зайл истифода мешаванд, агар ин усулҳо бо назардошти хусусияти мол ва амалиёти вобаста ба коркарди он қобили қабул бошанд:
1) аз ҷониби аризадиҳанда ё шахси мансабдори мақоми гумрук гузоштани мӯҳр, штамп, маркировкаи рақамӣ ва ғайра ба маҳсулоти содиротӣ;
2) тавсифи пурраи моли содиротӣ, суратгирӣ ва тасвири он дар масштаб;
3) муқоисаи натиҷаи таҳқиқи пешакии чошнӣ ва намунаи моли овардашуда ва маҳсули коркарди он;
4) истифодаи рақамҳои силсилавӣ ё дигар тамғаҳои истеҳсолкунандаи моли содиршуда;
5) тасдиқи далелноки он, ки моли содиротӣ таҳти амалиёти коркард қарор гирифтааст;
6) усулҳои дигари ҳаммонандсозии мол, ки истифодаи технологияи замонавиро дар назар дорад.
2. Қобили қабул будани усули арзшудаи ҳаммонандсозии маҳсули моли барои коркарди берун аз ҳудуди гумрукӣ содиршударо мақоми гумрук бо назардошти хусусияти мол ва анҷом додани амалиёти коркарди он муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
3. Бо дархости аризадиҳанда ва розигии мақоми гумрук ҳаммонандсозии зикршуда барои мақсадҳои гумрукӣ бо роҳи таҳқиқи маълумоти муфассали пешниҳодшуда оид ба ашё, мавод ва қисмҳои такмилие, ки дар истеҳсолот истифода мешаванд, инчунин технологияи истеҳсоли маҳсули коркард таъмин карда мешавад.
Моддаи 200. Амалиёт доир ба коркарди мол
Амалиёт доир ба коркарди мол ҳангоми низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ амали зайлро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421):
1) коркард ва такмили худи мол;
2) истеҳсоли моли нав, аз ҷумла насб, васл ё ба қисмҳо ҷудо кардани он;
3) таъмири мол, аз ҷумла барқарорсозӣ, иваз кардани қисмҳои таркибӣ ва барқарорсозии хусусияти истеъмолии он;
Моддаи 201 Мӯҳлати коркарди мол
1. Мӯҳлати коркарди мол бо розигии мақоми гумрук аз ҷониби декларант муқаррар карда мешавад ва наметавонад аз ду сол бештар бошад.
2. Мӯҳлати коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ бо назардошти давомнокии ҷараёни коркарди мол, мӯҳлате, ки барои интиқоли маҳсули коркард зарур аст, дар доираи мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
3. Бо аризаи асосноки шахси барои коркарди мол иҷозатгирифта мӯҳлати ибтидоии коркард дар доираи мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда дароз карда мешавад.
4. Мӯҳлати коркарди мол аз рӯзи ҷойгир намудани он таҳти низоми гумрукии коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ ва дар сурати бо партия содир намудани мол аз рӯзи ҷойгир намудани партияи аввали он оғоз мегардад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Моддаи 202. Меъёри маҳсули коркард бо мақсади гумрукӣ
1. Меъёри баромади маҳсули коркард (миқдор ё таркиби фоизии маҳсули коркард, ки дар натиҷаи коркарди миқдори муайяни моли содиршуда ҳосил гардидааст) аз ҷониби декларант бо розигии мақоми гумрук, бо назардошти шароите, ки коркарди мол сурат мегирад, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 4 ҳамин модда пешбинишуда муайян мегардад, агар ин барои мақсади назорати гумрукӣ зарур бошад. Меъёри маҳсули коркард то ворид намудани маҳсули коркард ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Меъёри мувофиқашудаи миқдори маҳсули коркарди молро мақоми гумрук дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи декларант, ки дорои маълумот оид ба ҷараёни технологии коркард мебошад, амалӣ менамояд. Ҳангоми мувофиқаи маҳсули коркард мақомоти гумрук хулосаи ташкилотҳои экспертиро (аз ҷумла лабораторияҳои гумрукӣ), ки ба ҷараёни мушаххаси технологии коркард асос ёфтаанд, ба инобат мегирад.
3. Тавсиф, сифат ва миқдори маҳсули коркард баъди мувофиқаи маҳсули коркард пурра муайян карда мешавад.
4. Агар амалиёт нисбати моле, ки аслан дорои хусусияти доимӣ мебошад, маъмулан мувофиқи шартҳои муайяни техникӣ иҷро шавад ва боиси истеҳсоли маҳсули коркарди сифатан бетағйир гардад, дар ин ҳолат мақоми ваколатдор барои мақсади гумрукӣ меъёри стандартии баромади маҳсули коркардро муқаррар мекунад.
Ҳангоми истифодаи меъёрҳои стандартии маҳсули коркард ба мақсади гумрукӣ воридоти мол ба миқдори зиёда аз меъёри муқарраршудаи маҳсули моли коркардшуда бо пурра ё қисман озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз иҷозат дода намешавад.
Моддаи 203. Рухсатнома барои коркарди мол
1. Содироти мол барои коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ ҳангоми мавҷуд будани рухсатномаи коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Рухсатномаи коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ аз ҷониби мақоми гумрук ба декларант дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
3. Дар рухсатнома инҳо зикр мешаванд:
1) тавсиф, сифат ва миқдори моли барои коркард таъингардида ва маҳсули коркарди он;
2) амалиёт нисбати коркарди мол ва тарзи иҷрои он;
3) меъёри маҳсули коркард, агар он муайян карда шуда бошад (қисми 4 моддаи 202) ё дар рӯзи додани рухсатнома мувофиқа шуда бошад;
4) усулҳои ҳаммонандсозии маҳсули моли содиротии коркард;
5) мӯҳлати коркарди мол;
6) дигар маълумоте, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад ва барои мақсади гумрукӣ зарур аст.
Намунаи рухсатномаро барои коркарди мол мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои гумрукӣ муқаррар менамояд.
4. Рухсатнома барои коркарди мол дар мӯҳлати муайяншудаи коркард амал мекунад.
5. Мутобиқи қисми 2 моддаи 350 ҳамин Кодекс шахсе, ки барои коркарди мол рухсатнома гирифтааст, барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул мебошад.
Моддаи 204. Тартиби додани рухсатномаи коркарди мол
1. Барои гирифтани рухсатномаи коркарди мол ба мақоми гумрук аризаи дорои чунин маълумот пешниҳод карда мешавад:
1) дар бораи аризадиҳанда;
2) дар бораи шахсе (шахсоне), ки мустақиман амалиёти коркарди молро иҷро менамояд, ва маҳали ҷойгиршавии он (онҳо);
3) дар бораи моли мавриди коркард;
4) дар бораи амалиёт оид ба коркарди мол, усул ва мӯҳлати иҷрои он;
5) дар бораи меъёри маҳсули коркард, агар он муқаррар шуда бошад (қисми 4 моддаи 202) ё агар дар рӯзи пешниҳоди ариза ин меъёр аз ҷониби декларант муайян шуда бошад;
6) дар бораи моли коркардшаванда ва миқдори эҳтимолии он;
7) дар бораи усулҳои ҳаммонандсозии маҳсули моли содиротии коркардшуда бо маҳсули коркард;
8) дар бораи иваз намудани маҳсули коркард ба моли хориҷӣ;
9) дар бораи мӯҳлати коркарди мол.
2. Намунаи ариза ва тарзи пешниҳоди маълумотро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар менамояд.
Ба ариза ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти пешниҳодшуда замима мегардад.
3. Мақоми гумрук ариза ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардидаро дар давоми 30 рӯзи қабул карда гирифтани он баррасӣ менамояд. Дар давоми ин мӯҳлат мақоми гумрук маълумоти дар ариза зикршударо санҷида, инчунин оид ба мувофиқаи меъёри арзшудаи маҳсули коркард ва мӯҳлати коркарди он қарор қабул мекунад.
Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад аз шахсони сеюм, инчунин аз мақомоти давлати ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти арзшударо талаб намояд. Ҳамзамон мақоми гумрук ҳуқуқ дорад мӯҳлати баррасии аризаро ба мӯҳлати на бештар аз ду моҳ аз рӯзи қабул дароз намояд.
Рухсатномаи коркарди мол ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба қайд гирифта мешаванд. Дар сурати риоя накардани талабот ва шартҳои муқарраргардида мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ метавонад додани рухсатномаи коркарди молро рад намояд.
4. Ба сифати ариза барои коркарди мол декларатсияи гумрукӣ барои моле, ки таҳти низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ содир мегардад, истифода мешавад, ба шарте агар мол бо як партия содир шавад ва дар ҳолатҳое, ки (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421):
1) агар мақсади таҳти низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ қарор додани мол аз таъмири он иборат бошад, аз ҷумла музднок иҷрошаванда (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421);
2) агар арзишии гумрукии моле, ки таҳти низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ қарор дорад, бояд аз ҳаҷми 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд набошад (Конун аз 06.10.2008с.
№ 437, аз 30.05.2017
№ 1421).
5. Агар ба сифати ариза барои коркарди мол декларатсияи гумрукӣ истифода шавад, мӯҳлати баррасии он бояд аз мӯҳлати тафтиши декларатсияи гумрукӣ, ки қисми 1 моддаи 400 ҳамин Кодекс муқаррар кардааст, зиёд набошад. Дар ин ҳолат маҳсули коркард ҳангоми баровардани он бояд аз ҷониби ҳамон мақоми гумрукие декларатсия карда шавад, ки барои коркард рухсатнома додааст.
6. Мақоми гумрук танҳо дар ҳолате, ки агар ҳангоми додани ариза аризадиҳанда талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин бобро иҷро накунад, инчунин ҳангоми аз ҷониби мақоми гумрук қабул намудани қарор дар бораи мувофиқа накардани маълумоти арзшудаи маҳсули коркард ва мӯҳлати коркарди он додани рухсатномаро рад менамояд.
Надодани рухсатнома барои коркарди мол аз ҷониби мақоми гумрук бояд асоснок карда шуда, сабаби он зикр гардад. Оид ба надодани рухсатнома аризадиҳанда хаттӣ огоҳ карда мешавад.
Моддаи 205. Бозхондани рухсатнома барои коркарди мол
1. Рухсатномаи барои коркарди мол додашуда аз ҷониби мақоми гумрук бозхонда мешавад, агар дар асоси қисми 4 моддаи 198 ҳамин Кодекс мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойгир кардани мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ иҷозат дода нашавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Қарор дар бораи бозхонди рухсатнома аз рӯзи эътибори қонуни пайдо кардани санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
3. Ҳангоми бозхонди рухсатномаи коркарди мол ба ҷойгир кардани мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ мувофиқи рухсатномаи бозхондшуда коркарди он иҷозат дода намешавад, вале нисбати моле, ки то боз хондани рухсатнома таҳти низоми гумрукии коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ ҷойгир карда шудааст, иҷозат дода мешавад, ки низоми гумрукӣ мутобиқи ҳамин боб анҷом дода шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
4. Намунаи бозхондани рухсатномаи коркарди молро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар менамояд.
Моддаи 206. Иваз намудани маҳсули коркард ба моли хориҷӣ
1. Мувофиқи дархости асосноки декларант ва иҷозати мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ иваз намудани маҳсули моли коркардшудаи хориҷӣ иҷозат дода мешавад, агар:
1) он вобаста ба тавсиф, миқдор, арзиш, сифат ва хусусиятҳои техникӣ ба маҳсули коркард мувофиқат намояд;
2) коди моли хориҷӣ тибқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бо рамзи маҳсули коркард тибқи ин Номгӯи дар сатҳи чор рақами аввал мувофиқат намояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1422).
2. Дар ҳолатҳои дигар ивази маҳсулоти коркарди моли хориҷӣ бо роҳи азнавбарасмиятдарории рухсатномаи коркарди мол бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 204 ҳамин Кодекс иҷозат дода мешавад.
Моддаи 207. Истифодаи қисман ё пурра озод намудани маҳсули коркард аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз
1. Агар мақсади коркард таъмири кафолатноки (ройгони) моли баровардашуда бошад, маҳсули коркарди он аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз пурра озод карда мешавад.
Нисбати моле, ки қаблан дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилоти озод иҷозат дода шудааст, агар ҳангоми иҷозати он ба муомилоти озод мавҷудияти норасоӣ, ки боиси таъмир гардидааст, ба инобат гирифта шуда бошад, озодкунии пурра аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз иҷозат дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Дар ҳолатҳои дигар барои моли маҳсули коркард, ба истиснои аксизҳо қисман озодкунии он аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз иҷозат дода мешавад, ки ин бо тартиби зайл амалӣ мегардад:
1) андозаи маблағи пардохтшавандаи боҷҳои гумрукӣ ҳамчун фарқияти маблағи боҷи гумрукии воридотӣ, ки нисбати маҳсули коркардшаванда истифода мегардад ва маблағи боҷҳои гумрукии воридотие, ки метавонист нисбати моли содиршаванда истифода бурда шавад, муайян мегардад, чуноне, ки агар он ба муомилоти озод иҷозат дода шавад ва агар ба маҳсули коркард меъёрҳои махсуси боҷҳои гумрукӣ истифода шавад ва амалиёти коркард таъмири кафолатнок (ройгон) набошад ё бо назардошти арзиши амалиёти коркард, ки ҳангоми набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи арзиши ин амалиёт метавонад ҳамчун фарқияти байни арзиши гумрукӣ, ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшавандаи маҳсули коркард ва арзиши гумрукии моли барои коркард содиршуда муайян карда шавад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016
№ 1347);
2) андозаи маблағи пардохтшавандаи андоз аз арзиши иловашуда бо назардошти арзиши амалиёти коркард муайян карда мешавад, ки дар сурати набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ин амалиёт метавонад ҳамчун фарқияти байни арзиши гумрукии ҳаҷми умумии маҳсули коркарди ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ва арзиши гумрукии моли барои коркард содиршуда муайян карда шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
3. Аксизҳо нисбати маҳсули коркард пурра супорида мешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мақсади амалиёти коркарди мол аз таъмири кафолатноки (ройгони) моли содиршуда иборат бошад.
4. Ҳангоми воридоти маҳсули коркард бо гузашти мӯҳлати коркард (моддаи 201), инчунин ҳангоми риоя нанамудани дигар талабот ва шартҳои ҳамин боб ё тасдиқи онҳо ба таври номатлуб, низоми пурра ва қисман озодкунии онҳо аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз фароҳам оварда намешавад.
Моддаи 208. Анҷоми низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421)
1. Низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ бо ворид намудани маҳсули коркард ба ҳудуди гумрукии Чумҳурии Тоҷикистон ё тавассути усули дигари пешбининамудаи ҳамин модда анҷом меёбад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Агар маҳсули коркард ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якчанд партия ворид шавад, муқоисаи ниҳоии миқдори маҳсули коркарди дар рухсатномаи коркарди мол (моддаи 203) зикршуда метавонад давра ба давра, баъди воридоти маҳсули коркард, вале на бештар аз як маротиба дар се моҳ ва дар давоми 30 рӯзи баъди ворид намудани партияи охирини маҳсули коркард гузаронида шавад. Агар дар натиҷаи чунин муқоиса шахсе, ки рухсатномаи коркардро дар ҳудуди гумрукӣ гирифтааст, бояд боҷҳои гумрукӣ ва андоз супорад, аз чунин маблағи пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз фоиз ситонида намешавад, ба шарте агар пардохт дар давоми 10 рӯзи кории ба таври хаттӣ қабул шудани қарори мақоми гумрук оид ба зарурати пардохти зикршуда анҷом дода шавад. Мақоми гумрук дар рӯзи дигари баъди қабули қарор ба декларант оид ба зарурати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз огоҳинома мефиристад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
3. Низоми гумрукии коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ метавонад бо воридоти бозпаси моли (реимпорт) аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршуда ё ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии нисбати моли содироти истифодашаванда, бо риояи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс анҷом дода шавад. Тағйир додани низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ ба низоми гумрукии содирот иҷозат дода намешавад, агар мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта овардани моли барои коркард содиршуда ва маҳсули онҳо ҳатмӣ бошанд. Тағйир додани низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ ба низоми гумрукие, ки нисбати моли содироти истифода мешаванд, бе пешниҳоди воқеии мол ба мақоми гумрук иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Ҳангоми тағйир додани низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ ба низоми гумрукии содирот нисбати моли баровардашуда бояд маблағи боҷҳои гумрукии содиротӣ, агар онҳо муқаррар шуда бошанд, инчунин фоизи маблағи мазкур пардохта шавад, ба монанди он, ки дар рӯзи қабули декларатсияи гумрукӣ барои содирот батаъхирандозии пардохти боҷи гумрукии содиротӣ фароҳам оварда шудааст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
4. Агар маҳсули коркард таҳти низоми гумрукие қарор гирад, ки иҷозати молро ба муомилоти озод пешбинӣ намекунад, маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз нисбати ин мол наметавонад аз маблағи мувофиқи бандҳои 2 ва 3 моддаи 207 ҳамин Кодекс ҳисобшаванда, бе ҳисоби фоизҳо, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 ҳамин модда, зиёд бошад.
5. Агар маҳсули коркарди моле оварда шавад, ки то содирот нисбати он оид ба пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз имтиёзҳо фароҳам оварда шудаанд (қисми 3 моддаи 198), ҳангоми иҷозати чунин мол ба муомилоти озод ҳамзамон бо маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи моддаи 207 ҳамин Кодекс муқарраршуда бояд боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андоз, ки нисбати мол то содирот барои коркард фароҳам оварда шудаанд, пардохта шаванд.
БОБИ 24. ВОРИДОТИ МУВАҚҚАТӢ
Моддаи 209. Мазмуни низоми гумрукии воридоти муваққатӣ
Воридоти муваққатӣ низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он моли хориҷӣ дар мӯҳлати муайян (мӯҳлати воридоти муваққатӣ) дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пурра ё қисман озод намудан аз боҷи гумрукӣ ва андоз, бидуни истифодаи тадбирҳои мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодӣ нисбати ин мол, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, ба шарти содироти бозпаси он дар мӯҳлати муайян аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати гумрукӣ истифода бурда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Моддаи 210. Шартҳои таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ қарор додани мол
1. Воридоти муваққатӣ бо шарте иҷозат дода мешавад, ки агар молро мақоми гумрук ҳангоми содироти бозпаси он (реэкспорт) ҳаммонанд карда тавонад, ба истиснои ҳолатҳое, ки тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз намудани моли муваққатан воридгардида бо ҳамин навъи мол иҷозат дода мешавад.
2. Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад аз шахсе, ки низоми гумрукии воридоти муваққатиро арз менамояд, пешниҳоди кафолати иҷрои ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодексро (моддаи 160) талаб намояд, аз ҷумла барои бозпас содир намудании моли муваққатан вориднамуда ӯҳдадорӣ ба зимма гирад.
3. Таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ метавонад моли хориҷие ҷойгир карда шавад, ки қаблан бо риояи талабот ва шартҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс таҳти низомҳои дигари гумрукӣ қарор дошт.
Моддаи 211. Маҳдудиятҳо барои истифода ва ихтиёрдории моли муваққатан вориднамуда
1. Аз моли муваққатан вориднамуда шахсе метавонад истифода барад, ки барои воридоти муваққатӣ дорои рухсатномаи мақоми гумрук бошад.
2. Бо иҷозати мақоми гумрук моли муваққатан воридгардидаро барои истифода ба шахси дигар, ки метавонад тибқи моддаи 126 ҳамин Кодекс декларант бошад, додан мумкин аст.
Моли муваққатан воридшуда ба шахси дигар бо иҷозати мақоми гумрук дода мешавад, агар ин шахс дар назди мақоми гумрук ӯҳдадор шавад, ки шартҳои низоми гумрукии воридоти муваққатиро риоя менамояд. Ҳамзамон шахси қаблан барои воридоти муваққатӣ иҷозатгирифта бояд боҷҳои гумрукӣ ва андозро барои даврае, ки ин шахс истифодаи молро тибқи низоми гумрукии воридоти муваққатӣ анҷом додааст, пардозад, агар нисбати мол озодкунии қисмани шартии пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз тибқи қисми 2 моддаи 212 ҳамин Кодекс татбиқ гардад. Агар риояи низоми гумрукии воридоти муваққатии гумрукӣ бо кафолат таъмин гардад (моддаи 160), шахсе, ки ба он моли муваққатан воридгардида супурда мешавад, бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро ба номи худ ба расмият дарорад. Шахси мазкур аз рӯзи иҷозати мақоми гумрук барои додани моли муваққатан воридшуда ба шахси дигар аз ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои барои шахси дорои иҷозат барои воридоти муваққатӣ муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс истифода мебарад ва онҳоро иҷро мекунад.
3. Моли муваққатан воридшуда бояд дар ҳолати бетағйир нигоҳ дошта шавад, ба истиснои тағйири он дар натиҷаи фарсудашавии табиӣ ё талафи табиӣ ҳангоми шароити мӯътадили интиқол (борбарӣ), нигаҳдорӣ ва истифода. Нисбати моли муваққатан воридшуда иҷрои амалиёти зарурӣ ҷиҳати таъмини нигаҳдории он, аз ҷумла таъмир (ба истиснои таъмири асосӣ ва модернизатсияи он), хизматрасонии техникӣ ва дигар амалиёте, ки барои нигаҳдории хусусиятҳои истифодабарии мол дар ҳолате, ки он дар рӯзи ҷойгиркунӣ таҳти низоми воридоти муваққатӣ қарор дошта иҷозат дода мешавад.
4. Ихтиёрдории моли муваққатан воридшуда бо усулҳои пешбининанамудаи ҳамин модда манъ мебошад.
5. Додани мол ба шахси дигар тибқи қисми 2 ҳамин модда мӯҳлати воридоти муваққатиро боз намедорад ва тамдид наменамояд.
Моддаи 212. Истифодаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз
1. Номгӯи гурӯҳи моли бо шарти пурра озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз муваққатан воридшаванда, инчунин шартҳои чунин озодкунӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Озодкунии пурраи шартӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз иҷозат дода мешавад, агар воридоти муваққатии мол ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари назарраси иқтисодӣ нарасонад, аз ҷумла дар ҳолатҳои:
1) воридоти муваққатии контейнерҳо, тағмонҳо ва намудҳои дигари зарфҳо ва бастабандҳо, ки барои истифодаи чандинкарата таъин гардидаанд;
2) агар воридоти муваққатии мол дар доираи рушди муносибатҳои тиҷоратии хориҷӣ, робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм, санъат, кинематография, варзиш, сайёҳӣ, гузаронидани намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳо анҷом дода шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421);
3) агар мақсади воридоти муваққатӣ аз расонидани кӯмаки байналмилалӣ иборат бошад;
4) агар воридоти муваққатӣ бо шартҳои лизинги анҷом дода шавад.
2. Нисбати гурӯҳҳои дигари мол, инчунин ҳангоми риоя нашудани шартҳои озодкунии пурраи шарти аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андози муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда озодкунии қисман шарти барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз истифода бурда мешавад. Ҳангоми озодкунии қисмии шарти аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз барои ҳар як моҳи пурра ва нопурраи тақвимии нигаҳдории мол дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 фоизи маблағи боҷҳо ва андозҳо пардохта мешавад, чуноне, ки агар он ҳангоми иҷозати мол барои муомилоти озод пардохта шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
3. Ҳангоми озодкунии қисман шарти аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳангоми ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ ё давра ба давра, бо интихоби шахсе, ки барои воридоти муваққати иҷозат гирифтааст, пардохта мешавад. Пардохти даврии маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо розигии мақоми гумрук аз ҷониби шахсе муайян карда мешавад, ки барои воридоти муваққатӣ иҷозат гирифтааст. Ҳамзамон мӯҳлати мушаххаси пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо назардошти он муайян мегардад, ки ин маблағ бояд то оғози давраи дахлдор пардохта шавад.
4. Маблағи умумии боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ки ҳангоми воридоти муваққатӣ бо озодкунии қисман шарти аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида мешавад, бояд аз маблағи пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозе, ки мебоист дар рӯзи ҷойгирони таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ ба муомилоти озод иҷозат дода шавад, бе назардошти фоизҳо барои гузаронидани мӯҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ, андоз ва фоизҳое, ки метавонанд тибқи сархати 4 қисми 2 моддаи 214 ҳамин Кодекс ҳисоб карда шаванд, зиёд набошад.
5. Агар маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ки ҳангоми озодкунии қисман шарти аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида шудаанд ба маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андозе, ки мебоист дар рӯзи ҷойгирони таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ ба муомилоти озод иҷозатшуда баробар шавад, мол барои муомилоти озод иҷозатшуда ба ҳисоб меравад, ба шарте агар нисбати мол маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ нагарданд ё маҳдудиятҳое, ки дар рӯзи ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ истифода шудаанд, бекор карда шаванд.
6. Ҳангоми ҷойгир намудани моли воридоти муваққатӣ таҳти низомҳои дигари гумрукӣ маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андозе, ки ҳангоми озодкунии қисман шарти аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз пардохта шудаанд, баргардонида намешавад.
7. Масъулияти пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз тибқи қисми 2 моддаи 350 ҳамин Кодекс ба зиммаи шахсе гузошта мешавад, ки барои воридоти муваққатӣ рухсатнома дорад.
Моддаи 213. Мӯҳлати воридоти муваққатии мол
1. Мӯҳлати воридоти муваққатии мол на бештар аз 2 сол мебошад. Барои молҳои алоҳида, аз ҷумла молҳое, ки бо шартҳои лизинг ворид мешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои воридоти муваққатӣ нисбат ба мӯҳлати ниҳоии муайяннамудаи сархати якуми ҳамин банд мӯҳлати нисбатан кӯтоҳ ё давомнокро муқаррар намояд.
2. Мӯҳлати воридоти муваққатии мол дар асоси аризаи шахси барои иҷозати воридоти муваққатӣ муроҷиаткарда, бо назардошти мақсад ва ҳолатҳои чунин воридот аз ҷониби мақоми гумрук дар доираи мӯҳлати дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда муқаррар карда мешавад.
3. Дар асоси муроҷиати асосноки шахси дорои иҷозат барои воридоти муваққатӣ ва ҳангоми вайрон накардани талабот ва шартҳои пешбининамудаи ҳамин боб мӯҳлати муқарраргардидаи воридоти муваққатии мол бо қарори мақоми гумрук дар доираи мӯҳлати дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда тамдид карда мешавад.
Моддаи 214. Анҷоми амали низоми гумрукӣ ва боздоштани он
1. Мол бояд аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз рӯзи охирини гузаштани мӯҳлати воридоти муваққатии мол, ки мақоми гумрук муқаррар намудааст (моддаи (213), содир карда шавад ё мутобиқи ҳамин Кодекс таҳти низоми дигари гумрукӣ қарор дода шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Низоми гумрукии воридоти муваққатӣ метавонад бо иҷозати мол барои муомилоти озод анҷом ёбад.
Ҳангоми анҷоми низоми гумрукии воридоти муваққатӣ ба иҷозати мол барои муомилоти озод арзиши гумрукӣ ва теъдоди мол дар рӯзи таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ ҷойгиркунии мол, аммо меъёри пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 моддаи 212 ҳамин Кодекс, дар рӯзи иҷозати мол барои муомилоти озод муайян карда мешаванд. Декларант ҳуқуқ дорад ҳангоми камшавии арзиши гумрукии мол ё камшавии теъдоди он, ки дар натиҷаи фарсудашавии табиӣ ё талафи табиӣ дар шароити муқаррарии интиқол, нигаҳдорӣ ва истифода, инчунин дар натиҷаи садама ва таъсири қувваи рафънопазир ба миён омадаанд, муроҷиат намояд. Тасҳеҳи арзиши гумрукии мол ва (ё) миқдори онҳо метавонад анҷом дода шавад, агар декларант ба мақоми гумрук маълумоти саҳеҳ ва бо ҳуҷҷатҳо тасдиқшударо пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016
№ 1347).
Ҳангоми муайян намудани маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андозе, ки бояд ҳангоми иҷозати мол ба муомилоти озод пардохта шаванд, баҳисобгирии маблағи пардохти гумрукии ҳангоми озодкунии қисман аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз тибқи қисми 2 ва 3 моддаи 212 ҳамин Кодекс супоридашуда сурат мегирад.
Ҳангоми иҷозати мол барои муомилоти озод, ки нисбати он озодкунии қисман шарти аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз татбиқ шудааст, барои даврае, ки чунин озодкуни истифода гардидааст, фоизҳо аз маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз бояд пардохта шаванд, чуноне, ки агар нисбати ин маблағ аз рӯзи татбиқи озодкунии қисман аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз тамдиди мӯҳлат фароҳам оварда шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисми 5 моддаи 212 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст.
3. Амали низоми гумрукии воридоти муваққатӣ дар ҳолатҳои зайл боздошта мешавад:
1) ҳангоми ба ҳабс гирифтани моли воридотии муваққатӣ ё ситонидани онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) ҳангоми ҷойгир намудани моли воридотии муваққатӣ ба анбори гумрукӣ тибқи қисми 3 моддаи 217 ҳамин Кодекс;
3) бо хоҳиши шахси дорои иҷозати воридоти муваққатӣ ҳангоми ҷойгир намудани моли воридотии муваққатӣ, ки нисбати он озодкунии қисман аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз истифода шудаанд, таҳти низоми дигари гумрукӣ, ки иҷозати молро барои муомилоти озод пешбинӣ намекунад.
Баъди анҷоми мӯҳлати боздошт амали низоми гумрукии воридоти муваққатӣ барқарор карда мешавад.
Ҳангоми барқарор намудани амали низоми гумрукии воридоти муваққатӣ фоизҳо, ки ҳисоб ва пардохти онҳо мувофиқи ҳамин боб пешбинӣ шудааст, барои давраи боздоштани амали низоми гумрукии воридоти муваққатӣ ҳисоб ва пардохта намешаванд.
Моддаи 215. Мазмуни низоми гумрукии анбори гумрукӣ
Анбори гумрукӣ низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ва бе истифодаи мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати гумрукӣ нигоҳ дошта шуда, вале моли барои содирот таъингардида мувофиқи шартҳои пешбининамудаи ҳамин боб таҳти назорати гумрукӣ нигоҳ дошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Моддаи 216. Анборҳои гумрукӣ
1. Анборҳои гумрукӣ бинои махсус ҷудокардашуда ва муҷаҳҳаз барои мақсади нигаҳдории мол ва (ё) майдончаҳои кушодае мебошанд, ки ба талаботи муқаррарнамудаи моддаи 225 ҳамин Кодекс мувофиқанд.
Моли таҳти низоми гумрукии анборҳои гумрукӣ ҷойгиршуда дар анборҳои гумруки нигаҳдорӣ карда мешавад, ба истиснои моле, ки дар қисми 4 моддаи 217 ҳамин Кодекс зикр шудааст.
2. Анборҳои гумрукӣ минтақаи назорати гумрукӣ мебошанд.
3. Мол метавонад дар ҳама гуна анборҳои гумрукӣ, бо назардошти маҳдудиятҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ҷойгир карда шавад.
Моддаи 217. Шартҳои таҳти низоми гумрукӣ қарор додани мол
1. Тамоми намуди мол, ба истиснои моле, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридот ва содироташ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, инчунин моли дигаре, ки нисбати он маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд ва номгӯи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, инчунин моле, ки мӯҳлати истифодабарии он дар рӯзи пешниҳод таҳти низоми гумрукии анбори гумрукӣ аз мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи 218 ҳамин Кодекс камтар аст, нигоҳ дошта шавад.
2. Моле, ки метавонад ба моли дигар зарар оварад ё шароити махсуси нигаҳдориро талаб мекунад, бояд дар анборҳои гумрукӣ ё биноҳои алоҳидаи анборҳои гумрукии барои нигаҳдошти чунин мол махсус ҷиҳозонидашуда, бо риояи ҳатмии талаботи муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта шавад.
3. Таҳти низоми гумрукии анбори гумрукӣ метавонад моле ҷойгир карда шавад, ки қаблан таҳти низомҳои дигари гумрукӣ қарор дошт. Дар анборҳои гумрукӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс метавонад моли хориҷӣ бо мақсади боздоштани амали низоми гумрукие, ки иҷозати молро барои муомилоти озод пешбинӣ наменамояд, ҷойгир карда шавад.
4. Таҳти низоми гумрукии анбори гумрукӣ бидуни ҷойгиркунии воқеии мол ба анбори гумрукии молҳое, ки аз сабаби ҳаҷми калон доштанашон дар анбори гумрукии дар наздики қарордошта нигаҳдори кардани онҳо имконнопазир аст, дар сурати иҷозати хаттии мақоми гумрук иҷозат дода мешавад. Дар чунин ҳолат шахсе, ки низоми гумрукии анбори гумрукиро арз намудааст, бояд ба мақоми гумрук таъмини супоридани пардохтҳои гумрукиро, ки метавонист ҳангоми барои муомилоти озод иҷозат додани мол супорад, пешниҳод намояд, инчунин ҳамаи дигар талабот ва шартҳои пешбининамудаи ҳамин бобро риоя кунад. Ҳамзамон бо ҳама усул ба шахси дигар барои истифода ё ихтиёрдори додани мол, аз ҷумла бегона кардани мол дар мӯҳлати нигаҳдории он таҳти низоми гумрукии анбори гумрукӣ манъ аст.
Моддаи 218. Мӯҳлати нигаҳдории мол дар анбори гумрукӣ
1. Мол метавонад дар мӯҳлати то 3 сол дар анбори гумрукӣ нигоҳ дошта шавад.
2. Моли дорои мӯҳлати маҳдуди истифода ё фурӯш бояд аз низоми гумрукии анбори гумрукӣ бароварда, таҳти низомҳои дигари гумрукӣ арз карда шавад ва аз анбори гумрукӣ дар давоми 180 рӯзи то гузаштани мӯҳлати маҳдуди зикршуда бароварда шавад, ба истиснои моли зуд вайроншаванда, ки нисбати он мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ метавонад мӯҳлати кӯтоҳтарро муқаррар намояд.
3. Мӯҳлати нигаҳдории молро шахсе, ки молро дар анбори гумрукӣ ҷойгир кардааст, дар декларатсияи гумрукӣ, дар доираи мӯҳлати пешбининамудаи ҳамин модда муайян менамояд.
4. Дар асоси дархости асосноки шахсе, ки молро дар анбори гумрукӣ ҷойгир намудааст, мақоми гумрук метавонад мӯҳлати нигаҳдории молро дар доираи мӯҳлати пешбининамудаи ҳамин модда тамдид намояд.
Моддаи 219. Амалиёт бо моли дар анбори гумрукӣ қарордошта
1. Шахсони ваколатдори мол ва намояндагони онҳо ҳуқуқ доранд бо моли дар анбори гумрукӣ нигаҳдоришаванда амалиёти муқаррарии барои эҳтиёт заруриро бо нигоҳ доштани тағйирнопазирии мол анҷом диҳанд, молро аз назар гузаронанд ва чен кунанд, дар ҳудуди анбори гумрукӣ ҷойи онро иваз кунанд, ба шарте агар ин амалиёт боиси тағйир ёфтани ҳолати мол, вайрон шудани бастабандии он ва (ё) тағйирёбии воситаҳои гузошташудаи ҳаммонандсозӣ нагардад.
2. Амалиёти дар қисми 1 ҳамин модда зикрнашуда, аз ҷумла гирифтани чошнӣ ва намунаи мол, амалиёти оддии насб, инчунин амалҳои зарурӣ ҷиҳати омодасозии мол барои фурӯш, ҳамлу нақл, аз ҷумла ба партияҳо ҷудо намудан, барои баровардан омода сохтан, навъбандӣ, борбандӣ, аз нав бастан, маркировка ва дигар амалҳои барои беҳдошти сифати мол нигаронидашуда аз ҷониби шахсони ваколатдори мол ва намояндаи онҳо бо иҷозати мақоми гумрук анҷом дода мешавад.
Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад танҳо дар ҳолате, ки агар иҷрои ин амалҳо боиси талафи мол ё тағйир ёфтани хосияти мол гардад, барои гузарондани чунин амалҳо иҷозат надиҳад.
3. Нисбати гирифтани чошнӣ ва намунаҳо аз моли хориҷӣ бояд боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳо пардохта шаванд, чуноне, ки агар ин мол барои муомилоти озод иҷозат дода шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки намунаи мол ба анбори гумруки дар давоми 1 моҳ баргардонда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012
№ 845).
4. Бегона кардани моли дар анбори гумрукӣ нигаҳдоришаванда, додани ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории он ба шахси дигар, ба истиснои моли дар қисми 4 моддаи 217 ҳамин Кодекс зикршуда, ба шарти қаблан ба таври хаттӣ огоҳ намудани мақоми гумрук иҷозат дода мешавад. Ҳамзамон шахси ҳуқуқи амволиро бадастоварда ба мақоми гумрук дар бораи риояи минбаъдаи талабот ва шартҳои нисбати ин мол муқаррарнамудаи ҳамин боб ба таври хаттӣ ӯҳдадори пешниҳод менамояд. Аз рӯзи дигари баъди аз ҷониби мақоми гумрук гирифтани ин ӯҳдадори шахси соҳиби ҳуқуқи амволи ба мол аз ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳое, ки ҳамин Кодекс нисбати шахси молро дар анбори гумрукӣ ҷойгиркарда муайян намудааст, истифода мебарад.
5. Бо иҷозати хаттии мақоми гумрук интиқоли мол аз як анбори гумрукӣ ба анбори дигари гумрукӣ то анҷоми мӯҳлати дар моддаи 218 ҳамин Кодекс муқарраршуда иҷозат дода мешавад. Ҳамзамон мӯҳлати нигаҳдории мол дар анбори гумрукӣ қатъ ва боздошта намешавад.
Моддаи 220. Аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз озод кардани моли содиротӣ ё баргардонидани маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андози пардохтшуда
1. Ҳангоми таҳти низоми гумрукӣ қарор додани моли хориҷие, ки қаблан таҳти низоми гумрукии дигар қарор дошт ва барои баровардан аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст, аз чунин мол боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андоз пардохта намешавад ё маблағи супоридашудаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи боби 48 ҳамин Кодекс баргардонида мешаванд, агар озод кардани мол аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз ё баргардондани маблағ ҳангоми воқеан баровандани мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад. Ҳангоми содир накардани молҳо аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андоз, ки аз онҳо озодкунӣ аз пардохт ё баргардонидани маблағ истифода шуда буд, инчунин фоизи онҳо бояд пардохта шавад. Ҳисоби маблағи барои боҷҳои гумрукӣ ва андоз супоридашаванда, инчунин фоизҳо дар асоси қоидаҳои анҷоми низоми гумрукии қаблӣ ва мувофиқи шартҳои ҷойгир кардани мол таҳти низоми гумрукии арзшуда, ки аз тарафи декларант барои истифодаи мол дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Ҳангоми ҷойгир намудани моли ватании барои содирот аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъингардида дар анбори гумрукӣ тибқи низоми гумрукии содирот озодкуни аз пардохт, баргардондани маблағи андозҳои дохилӣ фароҳам оварда мешавад, агар чунин озодкунӣ, ҷуброн ё баргардонидани маблағ ҳангоми содироти воқеии ин мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад. Ҳангоми анҷом надодани содироти воқеии чунин мол дар давоми шаш моҳ аз рӯзи ҷойгир намудани онҳо дар анбори гумрукӣ маблағи мазкур бо ҳисоби фоизҳо, дар ҳаҷми муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи тартиби барои ситондани пардохтҳои гумрукӣ пешбининамудаи ҳамин Кодекс ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Моддаи 221. Моли корношоям, вайроншуда ё харобшуда
Моле, ки дар натиҷаи садама, таъсири қувваи рафънопазир дар давраи нигаҳдории мол дар анбори гумрукӣ корношоям, вайрон ё хароб шудааст, бояд таҳти низоми гумрукии муайян ҷойгир карда шавад, чуноне, ки агар он ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми корношоями, вайроншуда ё харобшуда ворид карда шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Моддаи 222. Муайян намудани арзиши мол ҳангоми иҷозат барои муомилоти озод
Агар барои мақсадҳои ҳисоби боҷҳои гумруки ва андоз мувофиқи ҳамин Кодекс арзиши гумрукии мол ё теъдоди он баъди нигаҳдории мол дар анбори гумрукӣ истифода гардад, ҳангоми иҷозати мол барои муомилоти озод арзиши гумрукии мол ва (ё) теъдоди он дар рӯзи иҷозати мол барои муомилоти озод муайян карда мешавад.
Моддаи 223. Анҷоми амали низоми гумрукӣ
1. Мол дар анбори гумрукӣ (моддаи 218) бояд мувофиқи талабот ва шартҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс дар муддати на дертар аз рӯзи гузаштани мӯҳлати нигаҳдории он таҳти низоми дигари гумрукӣ қарор дода шавад.
Ихтиёрдории моли мазкур баъди анҷоми ин мӯҳлат мувофиқи фасли VI ҳамин Кодекс анҷом дода мешавад.
2. Моли таҳти низоми анбори гумрукӣ бударо таҳти низоми дигари гумрукӣ танҳо шахсе метавонад ҷойгир намояд, ки нисбати ин мол ваколатдор аст.
3. Ҳангоми аз анбори гумрукӣ иҷозат додани моле, ки қаблан таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ қарор дошт, бо мақсади истифодаи минбаъдаи он дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи ҳамин низом, мӯҳлати воридоти муваққатии мол барқарор карда мешавад. Ҳангоми иҷозати чунин мол барои муомилоти озод ҳисоби пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи моддаи 214 ҳамин Кодекс анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
4. Нисбати моли дар анбори гумрукӣ нигаҳдоришаванда низоми гумрукии нобудкунӣ метавонад аз ҷониби соҳиби анбори гумрукӣ бо назардошти муқаррароти қисми 2 ҳамин модда арз карда шавад.
Моддаи 224. Навъҳои анбори гумрукӣ
1. Анборҳои гумрукӣ метавонанд кушода ва пӯшида бошанд.
Анборҳои гумрукӣ, агар онҳо барои нигаҳдошти ҳама гуна мол ва истифода барои ҳар шахс дастрас бошанд, анбори кушода ҳисоб мешаванд.
Агар анборҳои гумрукӣ танҳо барои нигаҳдории моли соҳиби анбори гумрукӣ таъин гардида бошанд, анбори пӯшида ҳисоб мешаванд (моддаи 226).
2. Номгӯи молҳоеро, ки наметавонанд дар анборҳои навъи пӯшида нигоҳ дошта шаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
3. Анборҳои гумрукии пӯшида ва кушода метавонанд барои нигаҳдории моли алоҳидае, ки нигаҳдории махсусро талаб менамояд ё моле, ки метавонад ба моли дигар зарар расонад (анборҳои гумрукии махсус), истифода бурда шаванд.
Моддаи 225. Талабот нисбати ободонӣ, таҷҳизонӣ ва маҳали ҷойгиршавии анборҳои гумрукӣ
1. Бино ва (ё) майдонҳои барои истифода ба сифати анбори гумрукӣ таъиншуда бо мақсади таъмини назорати гумрукӣ бояд тарзе сохта ва таҷҳизонида шаванд, ки амнияти нигаҳдории молро таъмин намуда, дастрасии шахсони бегонаро (шахсоне, ки кормандони анбор нестанд, нисбати мол ваколат надоранд ё намояндаи шахси дорои чунин ваколатҳо намебошанд) имконнопазир созад, инчунин барои назорати гумрукӣ нисбати ин мол имконият фароҳам орад. Маҳали ҷойгиршавии анбори гумрукӣ бо назардошти манфиати ташкилоти тиҷоратӣ ва шахсони манфиатдори дигар муайян карда мешавад.
2. Мувофиқи қисми 1 ҳамин модда мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ барои ободонии бино, таҷҳизот ва маҳали ҷойгиршавии биноҳо ва майдонҳои кушодаи барои истифодаи анбори гумрукӣ таъиншуда талаботи ҳатмиро муқаррар менамояд.
Моддаи 226. Соҳиби анбори гумрукӣ
1. Соҳиби анбори гумрукӣ метавонад шахси ҳуқуқии ватанӣ бошад, ки ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ дохил карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906).
2. Соҳиби анбори гумрукӣ нигаҳдории моли таҳти назорати гумрукӣ бударо тибқи ҳолат ва шартҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс анҷом медиҳад.
3. Муносибати соҳиби анбори гумрукӣ бо шахсоне, ки молро дар анборҳои гумрукӣ барои нигаҳдори ҷойгир намудаанд, дар асоси шартнома ба роҳ монда мешавад. Набастани шартнома аз ҷониби соҳиби анбори гумрукии кушода ҳангоми мавҷудияти шароити муносиби бастани он иҷозат дода намешавад.
4. Соҳибони анборҳои гумрукӣ метавонанд мақомоти гумрукие бошанд, ки ба сифати соҳиби анбори гумрукӣ, бе дохил намудани онҳо ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ фаъолият намоянд. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ вазифадор аст на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ мунтазам нашри номгӯи анборҳои гумрукиро, ки соҳиби он мақоми гумрук ҳисоб мешавад, инчунин тағйиру иловаҳо ба онҳоро дар нашрияҳои расмӣ ва сомонаи расмии интернетии худ таъмин намояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020
№ 1678, аз 19.07.2022
№ 1906).
Моддаи 227. Шарти дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906)
1. Шартҳои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ аз инҳо иборатанд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906):
1) соҳибии (таҳти моликият, пешбурди хоҷагидорӣ ё таҳти иҷора) бино ва (ё) майдончаҳои кушодаи барои истифода ба сифати анбори гумрукӣ коршоям ва ҷавобгӯи талаботи муқарраргардида (моддаи 225);
2) таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;
3) шартнома дар бораи суғуртаи хавфи масъулияти шаҳрвандии худ, ки метавонад дар натиҷаи расонидани зарар ба моли дигар шахсон, ки таҳти нигаҳдорӣ қарор гирифтааст ё вайрон кардани шартҳои дигари нигаҳдорӣ бо шахсонн дигар фаро расад. Маблағи суғурта, ки дар доираи он суғуртакунанда ӯҳдадор мешавад ҳангоми фарорасии ҳар як ҳолати суғурта зарари ба моликияти шахсон расонидашударо ҷуброн намояд, тибқи масоҳати муфид ё ҳаҷми муфид ҳисоб карда мешавад ва агар ба сифати анбори гумрукӣ майдончаи кушода истифода шуда бошад - дар ҳаҷми 5 - нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як метри мураббаи масоҳати муфид ё агар ба сифати анбори гумрукӣ бино истифода шуда бошад - дар ҳаҷми 2 - нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як метри мукааби масоҳати муфид истифода бурда шавад, вале наметавонад аз ҳаҷми 8000 - нишондиҳанда барои ҳисобҳо камтар бошад (Конун аз 06.10.2008с.
№ 437);
2. Агар соҳибии бино ва (ё) майдончаи кушода дар асоси шартномаи иҷора анҷом дода шавад, дар ин сурат шартнома бояд ба мӯҳлати на камтар аз се сол аз рӯзи пешниҳоди ариза ҷиҳати дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ баста шавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906).
Моддаи 228. Ариза барои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906)
1. Шахс ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ дар асоси аризаи ҷавобгӯи талаботи муқаррарнамудаи моддаи 226 ҳамин Кодекс дохил карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906).
2. Ариза барои дохилшавӣ ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ бояд инҳоро дар бар гирад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906):
1) муроҷиат ба мақоми гумрук бо ариза барои дохилшавӣ ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906);
2) маълумот дар бораи номгӯй, шакли ташкилию ҳуқуқӣ, маҳали ҷойгиршавӣ, кушодани суратҳисобҳои бонкӣ, инчунин андозаи сармояи оинномавии (ҷамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавӣ ё аъзоҳаққии аризадиҳанда;
3) маълумот дар бораи навъи анбори гумрукӣ (барои анбори пӯшида, инчунин асоснокии зарурат ва ба мақсад мувофиқ будани интихоби ин анбор);
4) маълумот дар бораи биноҳо ва (ё) майдончаҳои кушодае, ки дар ихтиёри аризадиҳанда қарор дошта, барои истифода ба сифати анбори гумрукӣ таъин гардидааст, маҳали ҷойгиршавӣ, ободонӣ, таҷҳизонӣ ва таъминоти моддию техникии онҳо;
5) маълумот дар бораи таъмини пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;
6) маълумот дар бораи шартномаи (шартномаҳои) суғуртаи хавфи масъулияти шаҳрвандии аризадиҳанда.
3. Ба аризаи барои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ ҳуҷҷатҳои зерини тасдиқкунандаи маълумоти пешниҳодшуда замима мегарданд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906):
1) шаҳодатнома дар бораи сабти давлатии шахси ҳуқуқӣ;
2) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи соҳибии биноҳо ва (ё) майдончаҳои кушода, ки барои истифода ба сифати анбори нигаҳдории муваққатӣ таъин гардидаанд;
3) тарҳҳо ва нақшаҳои биноҳо ва (ё) майдончаҳои кушода, ки барои истифода ба сифати анбори нигаҳдории муваққатӣ таъин гардидаанд;
4) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи супурдани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс;
5) тасдиқномаҳои бонкҳо дар бораи кушодани суратҳисобҳо;
6) шартномаи (полиси) суғурта (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012
№ 845).
4. Барои ҳар бинои ҳудудан алоҳида ва (ё) ҳар майдончаи кушодаи ҳудудан алоҳида, ки барои истифода ба сифати анбори гумруки таъин гардидааст, аризаи алоҳида пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 229. Шаҳодатнома дар барои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906)
1. Дохил намудани соҳиби анбори гумрукӣ ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ нисбати ҳар як бинои ҳудудан алоҳида ва (ё) ҳар як майдончаи кушодаи ҳудудан алоҳида, ки ба сифати анбори гумрукӣ истифода мегардад, анҷом дода мешавад. Ба ҳар як бинои ҳудудан алоҳида ва (ё) ҳар як майдончаи кушодаи ҳудудан алоҳида дар бораи дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ шаҳодатнома дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906).
2. Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ инҳоро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906):
1) номи соҳиби анбори гумрукӣ ва нишон додани номгӯи шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва маҳали ҷойгиршавӣ;
2) маълумот дар бораи ҳуқуқи соҳибии бино ва (ё) майдончаи кушода, ки ба сифати анбори гумрукӣ истифода мешавад;
3) маълумот дар бораи таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ тибқи талаботи пешбининамудаи моддаи 384 ҳамин Кодекс;
4) нишон додани навъи анбори гумрукӣ;
5) нишон додани маҳали ҷойгиршавии анбори гумрукӣ.
3. Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ дар давоми панҷ сол эътибор дорад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906).
Моддаи 230. Вазифаҳо ва масъулияти соҳиби анбори гумрукӣ
1. Соҳиби анбори гумрукӣ вазифадор аст:
1) шарт ва талаботи муқаррарнамудаи ҳамин Кодексро нисбати нигаҳдории мол дар анборҳои гумрукӣ риоя намояд;
2) баҳисобгирии моли нигаҳдоришавандаро анҷом дода, ба мақомоти гумрук дар бораи нигаҳдории ин мол ҳисобот пешниҳод намояд (моддаи 405);
3) амнияти моли дар анборҳои гумрукӣ нигаҳдоришавандаро таъмин намояд;
4) дастрасии шахсони бегонаро ба моли нигаҳдоришаванда бе иҷозати мақомоти гумрук имконнопазир созад;
5) боҷҳои гумрукӣ ва андозро дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 90 ҳамин Кодекс пардозад, агар соҳиби анбори гумрукӣ дорои иҷозат ба транзити дохилии гумрукӣ бошад.
2. Соҳиби анбори гумрукӣ нисбати моли дар анбори гумрукӣ нигаҳдоришаванда, ҳангоми гум кардан ё бе иҷозати мақоми гумрук додани мол барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул мебошад. Соҳиби анбори гумрукӣ барои пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо танҳо ҳангоме масъул намебошад, ки агар мол дар натиҷаи садама, таъсири қувваи рафънопазир ё талафи табиӣ ҳангоми нигаҳдории муқаррарӣ нобуд ё тамоман талаф шуда бошад.
Моддаи 231. Бозхондани шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906)
Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ метавонад аз ҷониби мақоми гумрук дар ҳолатҳои зерин бозхонда шавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906):
1) аз ҷониби соҳиби анбори гумрукӣ риоя нашудани ҳатто яке аз шартҳои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ, ки тибқи моддаи 227 ҳамин Кодекс муқаррар шудааст (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906);
2) аз ҷониби соҳиби анбори гумрукӣ риоя нашудани ӯҳдадориҳои пешбининамудаи банди 5 қисми 1 моддаи 230 ҳамин Кодекс;
3) агар соҳиби анбори гумрукӣ чандин маротиба барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда бошад.
Моддаи 232. Амалиёт бо мол ҳангоми хориҷ намудани соҳиби анбори гумрукӣ аз Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906)
Ҳангоми бозхондани шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ ё хориҷ намудани соҳиби анбори гумрукӣ аз Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ бо дигар асосҳо моли дар анборҳои гумрукӣ нигаҳдоришаванда бояд аз ҳисоби вай дар мӯҳлати ду моҳ аз рӯзи хориҷшавӣ дар анбори дигари гумрукӣ ҷойгир карда шаванд. Соҳиби анбори гумрукӣ вазифадор аст шахсонеро, ки моли худро дар анборҳои гумрукӣ қарор додаанд, дар давоми 3 рӯзи хориҷ намудани вай аз Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ огоҳ намояд. Аз рӯзи дигари хориҷ намудани соҳиби анбори гумрукӣ аз Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ ҷойгиркунии мол дар ин анборҳои гумрукӣ манъ мебошад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1906).
Моддаи 233. Нигаҳдории мол дар анборҳои гумрукии мақомоти гумрук
1. Анборҳои гумрукии мақомоти гумрук анборҳои кушода ҳисоб мешаванд ва бояд ҷавобгӯи талаботи муқаррарнамудаи моддаи 225 ҳамин Кодекс бошанд.
2. Ҳангоми нигаҳдории мол дар анборҳои гумрукӣ муносибати муттақобилаи мақомоти гумрук бо шахсоне, ки моли худро дар анборҳои гумрукӣ ҷой медиҳанд, мутобиқи ҳамин Кодекс ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. Нисбати шартномаи мақоми гумрук бо шахсе, ки моли худро дар анборҳои гумрукӣ ҷойгир менамояд, талаботи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои шартномаи оммавӣ пешбинӣ шудааст, татбиқ мегардад. Аз ҷониби мақоми гумрук набастани шартномаи нигаҳдории мол ҳангоми мавҷудияти имконияти бастани он иҷозат дода намешавад.
Қабули мол барои нигаҳдорӣ аз ҷониби мақоми гумрук дар анборҳои гумрукӣ бо додани квитантсияи дорои намунаи муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба шахси соҳиби бор тасдиқ карда мешавад.
3. Ҳуқуқ, вазифаҳо ва масъулияти мақоми гумрук марбут ба нигаҳдории мол дар анборҳои гумрукӣ аз моҳияти масъулияти мувофиқи муқаррароти умумии нигаҳдори пешбининамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти муқаррароти ҳамин Кодекс бармеояд.
Мақоми гумрук дар сурати гум шудани моли дар анборҳои гумрукӣ нигаҳдоришаванда барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҷавобгар мебошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар мол дар натиҷаи садама, таъсири қувваи рафънопазир ё талафи табиӣ ҳангоми нигаҳдории муқаррари нобуд ё тамоман талаф шуда бошад.
Моддаи 234. Мазмуни низоми гумрукии реимпорт
1. Реимпорт низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли қаблан аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршуда ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мӯҳлатҳои муқарраршуда (банди 2 қисми 1 моддаи 235), бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ва бе татбиқи мамнӯият ва маҳдудияти дорои хусусиятҳои иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Моли таҳти низоми гумрукии реимпорт ҷойгиршуда барои мақсади гумрукӣ чун иҷозатшуда барои муомилоти озод баррасӣ карда мешавад.
Моддаи 235. Шартҳои таҳти низоми гумрукии реимпорт қарор додани мол
1. Таҳти низоми гумрукии реимпорт қарор додани мол иҷозат дода мешавад, агар:
1) ҳангоми содир намудани мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон он дорои статуси таҳти муомилоти озод қарордошта ё маҳсули коркарди моли хориҷӣ бошад (боби 21) (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421);
2) мол дар ҷараёни 3 соли баъд аз рӯзи дигари интиқоли моли мазкур аз сарҳади гумрукӣ ҳангоми содироти он аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми гумрукии реимпорт арз шудааст. Тибқи дархости асосноки шахси манфиатдор мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ мӯҳлати мазкурро нисбати таҷҳизоти дар сохтмон, истеҳсолоти саноатӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва дигар мақсадҳои шабеҳ бо шарти риояи ҳамаи дигар муқаррароти ҳамин боб тамдид менамояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421);
3) мол дар ҳамон ҳолате, ки аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуда буд, бетағйир боқӣ монда бошад, ба истиснои тағйирот дар натиҷаи фарсудашавии табий ё талафи табиӣ ҳангоми шароити мӯтадили интиқол, нигаҳдорӣ ва истифода (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421);
4) маблағи боҷҳои гумрукӣ, андозҳо, субсидияҳо ва дигар маблағҳое, ки бояд ҳангоми реимпорти мол ба буҷети давлатӣ (моддаи 236) баргардонида шаванд, пардохта шуда бошад.
2. Истифодаи мол берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба даст овардани фоида, инчунин иҷрои амалиёти зарурӣ барои таъмини нигаҳдории он, аз ҷумла таъмир (ба истиснои таъмири асосӣ ва модернизатсия), хизматрасонии техникӣ ва дигар амале, ки барои нигаҳдории хусусиятҳои истифодабарии мол заруранд ва нигоҳ доштани мол дар ҳолате, ки он дар рӯзи содирот аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, барои ҷойгир намудани он таҳти низоми гумрукии реимпорт монеа шуда наметавонад, ба истиснои ҳолатҳое, ки иҷрои амалҳои таъмир боиси баланд шудани арзиши мол нисбат ба арзиши он дар рӯзи содирот нагардад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
3. Таҳти низоми гумрукии реимпорт метавонад моле ҷойгир карда шавад, ки қаблан таҳти низомҳои дигари гумрукӣ қарор дошт.
4. Қарор додани молҳо таҳти низоми гумрукии реимпорт бо шарти риояи талаботи қисми 1 ҳамин модда, ҳамчунин дар мавриде иҷозат дода мешавад, ки агар танҳо қисме аз молҳои қаблан содиршуда ворид гардад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012
№ 845).
Моддаи 236. Баргардонидани маблағи боҷҳои гумрукии воридотӣ, андозҳо, субсидияҳо ва дигар маблағ ҳангоми реимпорти мол
1. Ҳангоми реимпорти мол ба буҷети давлатӣ бояд ин маблағ баргардонида шавад:
1) маблағи боҷҳои гумрукии воридотӣ, андозҳо ва (ё) фоизи онҳо, агар маблағи чунин боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва (ё) фоизҳо ситонида нашуда бошад ё вобаста ба содироти мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421);
2) маблағи андозҳои дохилӣ, субсидияҳо ва дигар маблағи пардохтнашуда ё қаблан мустақиман ё ғайримустақим ба сифати пардохт, имтиёз гирифташуда ё аз сабаби содироти мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн гардидааст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Маблағи боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳои тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи қисми 4 моддаи 185 ҳамин Кодекс барои муайян намудани маблағи барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз зарури ҳангоми иҷозати маҳсули коркарди мол барои муомилоти озод ҳисоб карда мешавад.
Маблағи андозҳои дохилӣ дар асоси меъёрҳои дар рӯзи қабули декларатсияи гумрукӣ ҳангоми баровардани мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ва арзиши гумрукии мол ва (ё) теъдоди он, ки ҳангоми баровардани он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016
№ 1347, аз 30.05.2017
№ 1421):
3. Тартиби ҳисоби маблағи субсидия ва дигар маблағи дар қисми 2 ҳамин модда зикрнашуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ҳолатҳоеро муқаррар намояд, ки ҳамзамон бо ин маблағ фоизҳои он дар ҳаҷми муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида шавад.
4. Маблағҳои боҷҳои гумрукӣ, андозҳо, субсидияҳо ва дигар фоизҳое, ки мувофиқи ҳамин модда пешбинӣ шудааст, аз ҷониби мақомоти гумрук мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ситонида мешаванд.
Моддаи 237. Ҳуҷҷат ва маълумоте, ки барои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии реимпорт заруранд
1. Барои гирифтани иҷозати ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии реимпорт декларант ба мақоми гумрук дар бораи шароитҳои баровардани мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар бораи таъмири мол, агар чунин амалиёт бо мол берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда бошанд, маълумот пешниҳод мекунад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Барои тасдиқи маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда декларант ба мақоми гумрук декларатсияи гумрукиро, ки ҳангоми содироти мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда буд, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи рӯзи убури мол аз сарҳади гумруки ҳангоми содирот, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи риояи талаботи моддаи 236 ҳамин Кодекс, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти арзшударо пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Моддаи 238. Баргардонидани маблағи боҷҳои гумрукии содироти ҳангоми реимпорти мол
1. Маблағи пардохтшудаи боҷҳои гумрукии содироти ҳангоми реимпорти мол баргардонида мешавад, агар мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи низоми гумрукии реимпорт дар давоми на дертар аз 6 моҳи баъди убури мол аз сарҳади гумрукӣ ҳангоми содироти он аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Маблағи боҷҳои содиротии гумрукии пардохтшуда бо қарори мақомоти гумрук аз ҷониби мақомоти ваколатдори молия тибқи ҳамин Кодекс баргардонида мешавад.
Моддаи 239. Мазмуни низоми гумрукии реэкспорт
Реэкспорт низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли қаблан ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида аз ин ҳудуд бидуни пардохт ё баргардонидани боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳо, бе татбиқи мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусиятҳои иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Моддаи 240. Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии реэкспорт
1. Таҳти низоми гумрукии реэкспорт мол бо шартҳои зайл ҷойгир карда мешавад:
1) баровардани молҳое, ки дар ҷойҳои нигаҳдории муваққатӣ қарор доранд то ҷойгиркунии онҳо таҳти низоми муайяни гумрукӣ;
2) баровардани моли қаблан барасмиятдаровардашуда таҳти низоми гумрукии иҷозати мол барои муомилоти озод, бо риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 242 ҳамин Кодекс;
3) содироти молҳои хориҷӣ, ки таҳти амалиёти коркард қарор нагирифтаанд ва қаблан таҳти низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ ва коркарди мол барои муомилоти озод ҷойгир карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421);
4) содироти молҳои хориҷӣ, ки қаблан таҳти низомҳои гумрукии анбори гумрукм, минтақаи озоди гумрукӣ, анбори озод, воридоти муваққатӣ ва савдои бебоҷ қарор дода шудаанд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012
№ 845);
5) содироти молҳои хориҷии ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардашуда бо вайрон кардани талаботи манъи воридоти онҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми 1 моддаи 12) (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Тартиби барасмиятдарории гумрукии моли реэкспортшаванда аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.
3. Реэкспорти моли зераксизӣ дар сурати таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ё мушоияти гумрукӣ анҷом дода мешавад.
4. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд шартҳои иловагии ҷойгир намудани молро таҳти низоми гумрукии реэкспорт муқаррар намоянд.
Моддаи 241. Татбиқи боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳангоми реэкспорти мол
1. Ҳангоми реэкспорти мол озодкунӣ аз пардохти боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳо фароҳам оварда мешавад ё баргардонидани таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз анҷом дода мешавад, агар чунин озодкунӣ ё баргардонидан ҳангоми анҷоми низоми гумрукӣ, ки тибқи он мол дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, пешбинӣ шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012
№ 845, аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Ҳангоми содир намудани моли реэкспортшаванда боҷҳои гумрукии содиротӣ пардохта намешаванд.
Моддаи 242. Татбиқи низоми гумрукии реэкспорт нисбати моле, ки барои муомилоти озод иҷозат дода шудааст
1. Молҳои барои муомилоти озодиҷозатдодашуда, ки онҳо дар рӯзи убури сарҳади гумрукӣ дорои камбудиҳо буданд ё ба тарзи дигар ба теъдод, сифат, тавсиф, бастабанди ё дигар шартҳои муомилоти иқтисодии хориҷӣ мувофиқат намекарданд ва аз ҳамин сабабҳо ба ирсолкунандаи бор ё ба шахси дигари зикрнамудаи он баргардонида мешаванд, метавонанд таҳти низоми гумрукии реэкспорт ҷойгир карда шаванд, агар ин молҳо:
1) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода ва таъмир нашуда бошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мол барои муайян намудани камбудӣ ё дигар ҳолатҳое, ки боиси баргардонидани онҳо гардидаанд, истифода шуда бошанд;
2) метавонанд аз ҷониби мақомоти гумрук ҳаммонанд карда шаванд;
3) дар давоми 6 моҳ аз рӯзи иҷозати онҳо барои муомилоти озод бароварда шаванд.
2. Ҳангоми реэкспорти мол тибқи қисми 1 ҳамин модда маблағи пардохтшудаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз мутобиқи моддаи 397 ҳамин Кодекс баргардонида мешаванд.
Моддаи 243. Мазмуни низоми гумрукии нобудкунӣ
Нобудкуни низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли хориҷӣ таҳти назорати гумрукӣ, бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин бе татбиқи мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда мешавад.
Моддаи 244. Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии нобудкунӣ
1. Нобудкунии мол иҷозат дода мешавад, агар моли таҳти нобудкунӣ қарордошта бо усули аз нигоҳи иқтисоди судманд ба шакли аввалааш барқарор карда нашавад.
2. Нобудкунӣ нисбати гурӯҳи молҳои зерин иҷозат дода намешавад:
1) арзиши фарҳангӣ;
2) намудҳои ҳайвонот ва растаниҳое, ки таҳти хатари нобудшавӣ қарор доранд, узв ва маҳсули онҳо (дериватҳо), ба истиснои ҳолатҳое, ки нобудкунии онҳо барои мақсадҳои пешгирии эпидемия ва ҳолатҳои эпизоотӣ анҷом дода мешавад;
3) моли аз ҷониби мақомоти гумрук ба сифати гарав қабулшуда, то анҷоми муносибатҳои вобаста ба гарав;
4) моли аз ҷониби мақоми давлатии ваколатдор ситонидашуда ё моле, ки нисбати он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳабси амвол пешбинӣ шудааст;
5) дигар молҳое, ки номгӯи онҳоро метавонад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намояд.
3. Нобудкунии мол иҷозат дода намешавад, агар:
1) нобуд кардани мол ба муҳити зист зарари ҷиддӣ расонад ё мустақиман ё ғайримустақим ба ҳаёт ва саломатии одамон хатари ҷиддӣ дошта бошад;
2) мол бо роҳи истеъмол аз рӯи таъиноти муқаррариаш нобуд карда шавад;
3) барои мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси хароҷот гардад.
Моддаи 245. Мӯҳлат ва маҳали нобудкунӣ
1. Мӯҳлати нобудкунии молро мақоми гумрук дар асоси аризаи декларант, бо назардошти вақти дахлдор барои гузаронидани амали нобудкунии намуди моли арзшуда ва мӯҳлате, ки барои интиқоли мол бо воситаи нақлиёт аз маҳали ҷойгиршавӣ ба маҳали нобудкунӣ зарур аст, муқаррар карда мешавад.
2. Маҳали нобудкунии молро декларант бо розигии мақоми гумрук бо назардошти талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи муҳити зист муайян менамояд.
Моддаи 246. Татбиқи низоми гумрукии нобудкунӣ нисбати моле, ки дар натиҷаи садама ё таъсири қувваи рафънопазир талаф ёфтааст
1. Низоми гумрукии нобудкунӣ метавонад нисбати моли нобудкардашуда, тамоман талафшуда ё дар натиҷаи садама ё таъсири қувваи рафънопазир харобгардида татбиқ карда шавад.
2. Ҳангоми ҷойгир намудани моли нобудшаванда ё харобгашта таҳти низоми гумрукии нобудкунӣ муқаррароти қисми 1 моддаи 244 ва моддаи 247 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад.
Моддаи 247. Партовҳои моли нобудкардашуда
1. Аз партовҳое, ки дар натиҷаи нобудкунии моли хориҷӣ ба миён омадаанд, бояд боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида шаванд, чуноне, ки агар партовҳои мазкур ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин ҳолат ворид гардида бошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин партовҳо аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шудаанд ё чунон коркард шудаанд, ки барои истифодаи минбаъдаи тиҷоратӣ дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон корношоям буда, онҳоро бо усули аз нигоҳи иқтисоди судманд барқарор кардан ва ба ҳолати аввала баргардонидан имконнопазир аст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Партовҳое, ки аз онҳо боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида мешаванд, бояд декларатсия карда шаванд.
2. Барои мақсадҳои ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз партовҳо чун моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида дониста мешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
3. Арзиши гумрукии партовҳо тибқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 183 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
4. Масъулияти пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз барои партовҳо ба зиммаи декларант гузошта мешавад.
БОБИ 29. ДАСТ КАШИДАН БА МАНФИАТИ ДАВЛАТ
Моддаи 248. Мазмуни низоми гумрукии даст кашидан ба манфиати давлат
Даст кашидан ба манфиати давлат низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он мол ройгон, бидуни ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин бидуни истифодаи мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моликияти давлат гузаронида мешавад.
Моддаи 249. Шартҳои ҷойгир кардани мол таҳти низоми гумрукии даст кашидан ба манфиати давлат
1. Даст кашидан аз мол ба манфиати давлат набояд боиси хароҷоти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардад, ки ҷуброни он аз ҳисоби маблағи аз фурӯши мол бадастомада имконнопазир аст.
2. Таҳти низоми гумрукии даст кашидан ба манфиати давлат моле, ки муомилоти он мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, қарор дода намешавад.
Моле, ки муомилоташон мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, дар асоси қарори суд, бо истифодаи мусодира тибқи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ба моликияти давлат гузаронида мешаванд.
3. Номгӯи мушаххаси молеро, ки наметавонад таҳти низоми гумрукии даст кашидан аз мол ба манфиати давлат қарор дода шавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 250. Статуси моле, ки шахс аз он ба манфиати давлат даст кашидааст
1. Молҳое, ки таҳти низоми гумрукии даст кашидан аз мол ба манфиати давлат қарор гирифтаанд, тибқи ҳамин Кодекс ба моликияти давлат гузаронида мешаванд.
2. Аз лаҳзаи ба мақомоти гумрук додани моле, ки шахс аз он ба манфиати давлат даст кашидааст, ин мол бо мақсади гумрукӣ дорои статуси иҷозат барои муомилоти озод дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Моддаи 251. Масъулият барои татбиқи низоми гумрукии даст кашидан ба манфиати давлат
Масъулият барои ҳуқуқи ихтиёрдории мол бо роҳи ҷойгир намудани он таҳти низоми гумрукии даст кашидан ба манфиати давлат ба зиммаи декларант гузошта мешавад. Мақомоти гумрук ҳеҷ гуна даъвои амволии шахсони нисбати мол ваколатдорро, ки аз он декларант ба манфиати давлат даст кашидааст, ҷуброн намекунанд.
БОБИ 30. СОДИРОТИ МУВАҚҚАТӢ
Моддаи 252. Мазмуни низоми гумрукии содироти муваққатӣ
1. Содироти муваққатӣ низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он моли ватанӣ метавонад дар мӯҳлати муайян берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо озодкунии пурраи шарти аз ситонидани боҷҳои гумрукии содиротӣ ва бе татбиқи мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифода бурда шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Ҳангоми содироти муваққатии мол озодкунӣ аз андозҳои дохилӣ, баргардонидан ё ҷуброни он татбиқ намегардад.
Моддаи 253. Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии содироти муваққатӣ
1. Мол таҳти низоми гумрукии содироти муваққатӣ дар ҳолатҳои зерин ҷойгир карда мешавад:
1) таъмини ҳаммонандсозии мол аз ҷониби мақомоти гумрук ҳангоми воридоти бозпаси он;
2) пешниҳоди ӯҳдадорӣ дар бораи воридоти бозпаси мол тибқи намунаи тасдиқнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ;
3) таъмини пардохти боҷҳои гумрукии содиротӣ.
2. Ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии содироти муваққатӣ барои моле, ки содироти он аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
Моддаи 254. Мӯҳлати содироти муваққатӣ
1. Мӯҳлати умумии содироти муваққатии мол на зиёда аз се сол мебошад.
Мӯҳлати содироти муваққатӣ аз ҷониби мақоми гумрук тибқи аризаи декларант, бо назардошти мақсад ва шартҳои чунин содирот ва муқаррароти қисми 2 ҳамин модда муайян карда мешавад. Бо дархости асосноки шахси мазкур мӯҳлати арзшудаи содироти муваққати бо назардошти муқаррароти қисми 2 ҳамин модда, вале на бештар аз як сол тамдид карда мешавад.
2. Барои намудҳои алоҳидаи мол, ки воридоти бозпаси он ҳангоми содироти муваққатӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати ниҳоии содироти муваққатиро муқаррар менамояд.
Моддаи 255. Истифодаи боҷҳои гумрукии содиротӣ
1. Ҳангоми содироти муваққатии мол озодкунии пурраи шарти аз пардохти боҷҳои гумрукии содироти фароҳам оварда мешавад.
2. Ҳангоми баргашта наовардани моли муваққатан содиршуда маблағи боҷҳои гумрукии содиротӣ бо назардошти арзиши мол ва (ё) теъдоди он ҳангоми содирот, инчунин меъёрҳои боҷҳои гумрукии дар рӯзи арзшавии мол таҳти низоми гумрукии содироти муваққатӣ амалкунанда пардохта мешаванд. Фоизҳо аз ин маблағ дар ҳаҷми муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешаванд, ба мисли он ки барои ин маблағҳо дар рӯзи ҷойгиркунии моли ватанӣ таҳти низоми гумрукии содироти муваққатӣ тамдиди мӯҳлат фароҳам оварда шуда бошад.
Моддаи 256. Анҷоми низоми гумрукии содироти муваққатӣ
1. Моли муваққатан содиргардида ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз рӯзи ба охир расидани мӯҳлати содироти муваққатӣ (моддаи 254) бояд баргардонида шавад ё мувофиқи ҳамин Кодекс таҳти низоми дигари гумрукӣ арз карда шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
2. Бо дархости шахсе, ки молро таҳти низоми гумрукии содироти муваққатӣ қарор додааст, мақоми гумрук барои иваз намудани низоми гумрукии содироти муваққатӣ ба низоми гумрукии содирот, бо риояи шарт ва талаботи пешбининамудаи ҳамин Кодекс иҷозат медиҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон моли муваққатан содиршуда бояд ҳатман ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонда шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017
№ 1421).
3. Ҳангоми ба шахси хориҷӣ додани моли муваққатан содиршуда шахсе, ки молро таҳти низоми гумрукии содироти муваққатӣ қарор додаас