Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо | | |
ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА
ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
- КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
-
Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),
Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.
БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)
Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.
ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ
ҶАДВАЛИ САНАДҲО
ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»
Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.
Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.
Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)
САТРИ «НОМ»
Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.
САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»
Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.
Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.
Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.
Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.
Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.
ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»
Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.
ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)
- КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ
-
Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.
Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таснифгар | Рақам | Ном | Мақомот | Сана | Ҳолат | Замима |
---|---|---|---|---|---|---|
Конститутсия | 1 | КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН | РАЪЙПУРСИИ УМУМИХАЛҚӢ | Амалкунанда | Word PDF ZIP |
Таснифгар | Рақам | Ном | Мақомот | Сана | Ҳолат | Замима |
---|---|---|---|---|---|---|
Қонун | 184 | ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИҶОРА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН | Маҷлиси Олии ҶТ | 06.12.1990 | Амалкунанда | word PDF ZIP |
Таснифгар | Рақам | Ном | Мақомот | Сана | Ҳолат | Замима |
---|---|---|---|---|---|---|
ҚОНУН | 378 | ДАР БОРАИ ТАҒЙИР ДОДАНИ НОМИ ҶУМҲУРИИ ШӮРАВИИ СОЦИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН | Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон | 31.08.1991 | Амалкунанда | Word PDF ZIP |
Ноябр 2023
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ЧЕНАКИ ЯГОНА
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИИ ТОҶИКИСТОН
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии амалисозии фаъолият дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ, самтҳо ва тартиби танзими давлатӣ, инчунин кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқи моликиятро дар соҳа муқаррар намуда, ба ҳифз ва афзоиши оилаҳои занбӯри асал, афзунгардонии маҳсулоти истеҳсолшаванда ва истифодаи босамари занбӯри асал дар гардолудкунии растаниҳои энтомофилӣ равона шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) асали табиӣ – маҳсулоти ғизоии ширини табиӣ, ки занбӯрҳои корӣ дар давоми фаъолияти ҳаётии худ аз шаҳди растанӣ ё моддаҳои аз қисмҳои зиндаи растаниҳо ҷудогардида истеҳсол мекунанд;
2) асали ғайритабиӣ – намуди асал, ки ба асали табиӣ монандии зоҳирӣ дошта, хусусиятҳои табобатӣ надорад ва дар истеҳсоли он занбӯрҳои асал иштирок намекунанд;
3) варақаи мумӣ – асоси сунъӣ барои сохтани чашмакҳои шони асал, ки аз варақаи тунуки мумии қолаби чашмакдори андозаҳои муайяндошта сохта мешавад;
4) гарди гул – омехтаи гарди гул, ки занбӯрҳои корӣ дар сабадҳои ҷуфти сеюми пойҳои худ ҷамъ оварда, бо илова намудани шаҳд ва моддаҳои ғадуди болоӣ онро ба лӯнда табдил дода, барои омехтан бо асал ба лонаи худ мекашонанд;
5) занбӯриасалпарварӣ – соҳаи истеҳсолоти кишоварзӣ, ки ба парвариш, нигоҳдорӣ ва истифодаи занбӯри асал барои истеҳсоли маҳсулот ва гардолудкунии растаниҳои энтомофилӣ равона шудааст;
6) занбӯри корӣ – модазанбӯре, ки қобилияти наслидиҳӣ надошта, растаниҳоро гардолуд карда, шаҳд ва гарди гулро ҷамъ ва маҳсулоти соҳаро истеҳсол мекунад;
7) зараррасонҳои оилаҳои занбӯри асал – намудҳои алоҳидаи ҳайвонот, парандаҳо, ҳашарот, ки бо мақсадҳои ба даст овардани ғизо занбӯрҳои асалро маҳв мекунанд ё ба мақсади дарёфт кардани асал қуттиҳои оилаҳои занбӯри асалро вайрон мекунанд;
8) заҳри занбӯри асал – маҳсулоте, ки занбӯрҳои корӣ аз ғадудҳои заҳрҷудокунандаи худ ҳосил менамоянд;
9) зоти занбӯри асал – гурӯҳи калони оилаҳои занбӯри асал, ки пайдоиши умумӣ ва аломатҳои ба ҳамдигар монанди физиологию фоиданокӣ дошта, дорои арзишҳои зотии аз насл ба наслҳои оянда гузарандаро доранд;
10) маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ – маҳсулоте (асали табиӣ, муми сафед, гарди гул, ширеш, шири занбӯр, заҳри занбӯр, гардғизо, инчунин оилаҳои занбӯри асал, модарзанбӯр, кирмакҳои он ва кирмакҳои нарина), ки дар ҷойгоҳҳои қуттиҳои занбӯри асал дар натиҷаи фаъолияти ҳаётии оилаҳои занбӯри асал истеҳсол карда мешавад;
11) модарзанбӯр – модазанбӯре, ки қобилияти наслдиҳӣ дорад ва аз нав бавуҷудоварии оилаҳои нави занбӯри асалро таъмин мекунад;
12) муми сафед – омехтаи моддаҳои органикӣ, ки занбӯрҳои корӣ барои сохтани шони асал ва маҳкам кардани чашмакҳои он ҳосил менамоянд;
13) оилаи занбӯри асал – воҳиди томи биологӣ, ки аз занбӯрҳои корӣ, нарзанбӯрҳо ва модарзанбӯр иборат мебошад ва дар мубодилаи моддаҳо ягонагии умумӣ дорад;
14) растаниҳои энтомофилӣ – растаниҳое, ки тавассути ҳашарот гардолуд мешаванд;
15) селаи занбӯри асал – оилаи занбӯри асал, ки дар натиҷаи якҷояшавӣ бо модарзанбӯр ба вуҷуд омада, аз оилаи аввалаи модарӣ ҷудо гардидааст;
16) хоҷагии зотпарварии соҳаи занбӯриасалпарварӣ – субъекти хоҷагидорие, ки ба парвариши занбӯри асали хушзот, беҳтар намудани хусусиятҳои сифатии он ва таъмини субъектҳои фаъолияти хоҷагидории соҳа бо маводи (маҳсулоти) зотӣ машғул мебошад;
17) шиносномаи байторию санитарии ҷойгоҳи қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал – ҳуҷҷате, ки маълумот дар бораи субъекти соҳа, миқдори оилаҳои занбӯри асал, зоти онҳо, ҳолати беҳдошт ва эпизоотии ҳудуди ҷойгоҳи қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал, чорабиниҳои байторӣ ва муҳлати амалисозии онҳо, маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ ва маълумоти дигари бо тартиби додани шиноснома муқарраршударо дар бар мегирад.
18) ширеши занбӯри асал (прополис) – маҳсулоте, ки занбӯрҳои корӣ аз ширеши ҷудонамудаи растанӣ бо воситаи ғадудҳои мумҳосилкунандаи худ ҳосил менамоянд;
19) шири занбӯр – маҳсулоти махсусе, ки занбӯрҳои асал барои ғизодиҳии кирмакҳои модарзанбӯр дар ҳамаи давраҳои инкишофи онҳо ва бевосита барои худи модарзанбӯр истифода менамоянд;
20) қуттии оилаи занбӯри асал – таҷҳизоти махсуси аз тарафи инсон сохташуда, ки дар он оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад;
21) ҷойгоҳи доимии қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал – қитъаҳои замини таъиноти гуногун, биноҳо, бошишгоҳҳои саҳроӣ, иншоотҳо ва объектҳои дигар, ки дар онҳо қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал дар давраи парвариши занбӯри асал ба таври доимӣ ҷойгир карда мешаванд;
22) ҷойгоҳи қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал – қитъаҳои замини махсус таҷҳизонидашуда, ки дар онҳо қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал ва асбобу таҷҳизоти зарурӣ барои истеҳсоли маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ ва гардолудкунии растаниҳои энтомофилӣ ҷойгир карда мешаванд;
23) ҷойгоҳи сайёри қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал – манбаъҳои асалғундорӣ, ки қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал дар мавсим ба таври муваққатӣ барои гардолудкунии растаниҳои энтомофилӣ ва истеҳсоли маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ гузошта мешаванд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи занбӯриасалпарварӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи занбӯриасалпарварӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
БОБИ 2. ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
Моддаи 3. Ҳуқуқи фаъолият дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти соҳибкориро дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ амалӣ менамоянд.
2. Субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд иттифоқҳо (иттиҳодияҳо) таъсис диҳанд ва (ё) ба ҳайати онҳо дохил шаванд.
3. Шахсони воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ намебошанд, фаъолиятро дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ барои қонеъ гардонидани талаботи шахсии худ дар ҳаҷми то 30 оилаи занбӯри асал амалӣ менамоянд.
Моддаи 4. Истеҳсол, тайёр кардан ва фурӯши маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ
1. Истеҳсол ва тайёр кардани маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ, инчунин варақаи мумӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
2. Маҳсулоти аз занбӯри асал истеҳсолшуда ва (ё) тайёркардашуда пас аз ташхиси байторию санитарӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» гузарондашуда ва бо мавҷудияти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифату бехатарии маҳсулот фурӯхта мешавад.
3. Фурӯши маҳсулоти занбӯри асал аз ҷониби субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳа, новобаста ба шакли моликият, бо риояи тартиби фурӯши молҳои озуқаворӣ ва ғайриозуқаворӣ дар нуқтаҳои савдои яклухт ва чакана амалӣ карда мешавад.
Моддаи 5. Воридот ва содироти маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ
1. Субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ метавонанд ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти маҳсулоти соҳаро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд. Дар ҳолати ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани асали табиӣ санҷиши мутобиқат оид ба аслият, сифат ва бехатарии ҳар як миқдори он гузаронда мешавад.
2. Шахсони воқеӣ ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ ҳуқуқ доранд аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон занбӯри асал ва маҳсулоти соҳаро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати воридоткунанда содирот намоянд.
Моддаи 6. Ташкили ҷойгоҳҳои қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал
1. Шахсони воқеӣ ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳа бо мақсади ба роҳ мондани фаъолият дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ ҷойгоҳи қуттиҳои оилаҳои занбӯри асалро бо таҷҳизот, асбоб ва дигар захираҳои моддии зарурӣ дар қитъаи замини мувофиқ ташкил мекунанд. Ҷойгоҳи қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал дар асоси нақшаи минтақабандии зотҳои занбӯри асал дар минтақаи дахлдор ташкил карда мешавад.
2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ доранд дар сарҳади минтақаҳои наздишаҳрӣ ва минтақаҳои сабз вобаста ба шароити нигаҳдории занбӯри асал мутобиқи меъёр ва қоидаҳои байторию санитарӣ ҷойгиронии миқдори қуттиҳои оилаҳои занбӯри асали шахсони воқеӣ ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаро муқаррар намоянд.
3. Тартиби ҷойгиронии қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал дар ҳудудҳои ташкилотҳои боғдорию полезкории коллективӣ аз ҷониби маҷлиси умумии ташкилотҳои мазкур муайян карда мешавад.
4. Миқдори қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал дар ҷойгоҳҳо, ба истиснои ҳолатҳои дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур пешбинишуда, маҳдуд карда намешавад.
Моддаи 7. Бақайдгирии оилаҳои занбӯри асал
1. Бақайдгирии оилаҳои занбӯри асали дар ҷойгоҳҳои доимӣ ва сайёр дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар як сол як маротиба дар моҳи март амалӣ карда мешавад.
2. Бақайдгирии ҷойгоҳи қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал дар асоси шиносномаи байторию санитарии аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ додашуда гузаронда мешавад.
3. Шахсони воқеӣ ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳа барои сари вақт гирифтани шиносномаи байторию санитарии ҷойгоҳҳои қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал уҳдадор мебошанд.
4. Шакли шиносномаи байторию санитарии ҷойгоҳи қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал ва тартиби додани онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ муқаррар менамояд.
Моддаи 8. Ҷойгиронии қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал
1. Шахсони воқеӣ ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар қитъаҳои замини барои истифодабарӣ ҷудогардида ҷойгиронии қуттиҳои оилаҳои занбӯри асалро бо риояи меъёр, қоидаҳои зоотехникӣ ва байторию санитарии нигоҳдории занбӯри асал амалӣ менамоянд.
2. Ҷойгиронии қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал дар заминҳои фонди давлатии ҷангал ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар асоси талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Шахсони воқеӣ ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ уҳдадоранд қуттиҳои оилаҳои занбӯри асалро дар масофаи барои саломатии одамон бехатар ҷойгир намоянд.
4. Қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал дар масофаи на камтар аз панҷ метр аз сарҳади қитъаи замин ҷойгир карда мешаванд. Дар ҳолати ғайриимкон будани риояи талаботи мазкур қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал дар баландии на камтар аз ду метр аз бино, иморат, иншоот, девори яклухт ё буттазори зичи ҳамшафат ҷойгир карда мешаванд.
5. Ҷойгоҳи сайёри қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал дар масофае гузошта мешавад, ки ба нигоҳубини босамари оилаҳои занбӯри асал ва гардолуд кардани растаниҳои энтомофилӣ мусоидат намояд.
6. Ҷойгоҳи сайёри қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал дар манбаъҳои асалғундорӣ дар масофаи на кам аз яку ним километр аз якдигар ва се километр аз ҷойгоҳи доимии қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал ҷойгир карда мешавад.
7. Шахсони воқеӣ ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ уҳдадоранд пас аз гузоштани ҷойгоҳҳои сайёри қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал ба воҳидҳои сохтори дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шиносномаҳои байторию санитарии ҷойгоҳҳоро пешниҳод намоянд.
8. Интихоби ҷойгоҳи сайёри қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал дар хати парвози занбӯри асали дар манбаъҳои асалғундорӣ қаблан ҷойгир кардашуда манъ мебошад.
Моддаи 9. Истифодаи оилаҳои занбӯри асал ва маҳсулоти дигари занбӯриасалпарварӣ
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба парвариши растаниҳои энтомофилӣ машғул мебошанд, бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо метавонанд оилаҳои занбӯри асали дар моликияти худ ва (ё) шахсони дигар қарордоштаро истифода баранд.
2. Истифодаи оилаҳои занбӯри асали дар моликияти шахсони дигар қарордошта барои гардолудкунии растаниҳои асалдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба маҳалли бақайдгирии онҳо, амалӣ карда мешавад.
3. Маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ ва иловагиҳои биологии дар асоси он тайёршуда барои табобати аҳолӣ ва ҳайвонот истифода бурда мешаванд. Маводи дорувории дар заминаи маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ барои пешгирӣ ва табобати бемориҳо тайёркардашуда пас аз ба Феҳристи давлатии дорувории Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардан ва гирифтани иҷозати дахлдор истифода бурда мешавад.
Моддаи 10. Ҷудо кардани қитъаҳои замин барои фаъолият дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ
1. Қитъаҳои замин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои фаъолият дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дорои қитъаҳои замини барои ҷойгиронии қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал мувофиқ дар давраи гулкунии растаниҳои энтомофилӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳа барои ҷойгиронии қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал иҷозат медиҳанд.
Моддаи 11. Парвариш, истифодаи зотҳо ва гурӯҳҳои бештар арзишдори занбӯри асал
1. Фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар самти парваришу истифодаи зотҳо ва гурӯҳҳои бештар арзишдори занбӯри асал, инчунин беҳтаргардонии зотҳо ва гурӯҳҳои занбӯри асал дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» амалӣ карда мешавад.
2. Бо мақсади таъмини шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо зоту гурӯҳҳои бештар арзишдори занбӯри асал, инчунин беҳтаргардонии онҳо дар ҳудудҳои муайян (муҳити табиии зисти онҳо) хоҷагиҳои зотпарварӣ таъсис дода мешаванд.
3. Ворид намудани оилаҳои занбӯри асал ё модарзанбӯрҳои зотҳо ва гурӯҳҳои дигари занбӯри асал, инчунин оилаҳои занбӯри асал ё модарзанбӯрҳои авлодашон номаълум дар ҳудуди минтақаҳои муҳофизатии хоҷагиҳои зотпарварӣ манъ аст.
БОБИ 3. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ СОҲАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
Моддаи 12. Самтҳои асосии танзими давлатии рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ
Самтҳои асосии танзими давлатии рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ аз инҳо иборатанд:
1) таъмини алоқамандии манфиатҳои экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ҳифзи генофонди табиии занбӯрҳои асал, истифодаи оқилона ва азнавбавуҷудоварии оилаҳои онҳо;
2) таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва назорати риояи онҳо;
3) дастгирии давлатии рушди занбӯриасалпарварӣ ва мусоидат ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳа;
4) таъмини иштироки шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҳалли масъалаҳои рушди занбӯриасалпарварӣ;
5) идоракунии давлатии рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ.
Моддаи 13. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ мансубанд:
1) амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар таъмини рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ;
2) тасдиқи барномаҳои давлатии рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ;
3) тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолият дар соҳа;
4) мусоидат ба ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ;
5) муқаррар намудани шаклҳои дастгирии давлатии соҳаи занбӯриасалпарварӣ;
6) муайян намудани тартиби гузарондани сертификатсияи экологии маҳсулоти соҳаи занбӯриасалпарварӣ;
7) амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 14. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ
1. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, бехатарии озуқаворӣ ва ҳифзи муҳити зист мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ мебошанд.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ;
2) таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолият дар соҳа ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ;
3) ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳа ва мусоидат ба ташкили бозори фурӯши маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ;
4) гузарондани таҳқиқоти илмӣ оид ба ҳифзи генофонди занбӯрҳои асал, ба вуҷуд овардан ва афзоиш додани оилаҳои нави зотҳои сермаҳсули занбӯри асал;
5) мониторинги фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ, новобаста ба шакли моликият, ташкили хизматрасонии иттилоотию машваратӣ дар соҳа;
6) ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ;
7) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) ташхиси беҳдошти байторӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ, санҷиши амалисозии чораҳои зиддиэпизоотӣ аз ҷониби субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳа;
2) иштирок дар муайян намудани самтҳои асосии беҳтарсозии сифати зотҳои занбӯри асал ва ворид намудани зотҳои нав, аттестатсияи субъектҳои зотпарварии соҳа;
3) назорати риояи чораҳои таъмини бехатарии маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳа, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боздоштани фурӯши маҳсулоти пастсифат ва асали ғайритабиӣ;
4) татбиқи тадбирҳои карантинӣ барои барҳамдиҳии манбаъҳои эпизоотии бемориҳои сироятии занбӯри асал;
5) санҷиши риояи қоида ва меъёрҳои ягонаи таъмини офияти байторӣ ва эпизоотӣ дар парвариши зот ва гурӯҳҳои оилаҳои занбӯри асал;
6) назорати воридот, содирот ва интиқоли оилаҳои занбӯри асал, маҳсулоти он, молу ашё ва таҷҳизот барои соҳаи занбӯриасалпарварӣ;
7) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) бо тартиби муқарраргардида таъмин кардани шахсони воқеӣ ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ бо иттилоот оид ба вазъи муҳити зисти ҷойгоҳҳои қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал;
2) таҳияи пешниҳодҳо оид ба дастрасӣ ба растаниҳои энтомофилӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ;
3) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд кардан, боздоштан ва қатъ гардонидани фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад;
4) ташкил кардан ва гузарондани сертификатсияи экологии маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ;
5) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 15. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ ваколатҳои зеринро амалӣ менамоянд:
1) таҳия ва тасдиқи барномаҳои маҳаллии рушди занбӯриасалпарварӣ ва назорати иҷрои онҳо;
2) ташкили шароити мусоид барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ;
3) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 16. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
1) иштирок дар татбиқи барномаҳои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ;
2) ҷамъоварии маълумот оид ба ҷойгоҳҳои қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот барои пешниҳод намудан ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
3) ташкили комиссия оид ба муайян намудани зарари ба шахсони воқеӣ ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ аз истифодаи пеститсидҳо дар истеҳсолоти кишоварзӣ расонидашуда;
4) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БОБИ 4. ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ ДАР СОҲАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
Моддаи 17. Объектҳои моликият ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ
1. Ба объектҳои моликият дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ занбӯрҳои корӣ, нарзанбӯру модарзанбӯрҳо, оилаҳои занбӯри асал, платформа – ядакҳо барои ҷойгиронии қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал, воситаҳои дигари истеҳсолӣ барои парвариш ва нигоҳдории занбӯрҳои асал, инчунин воситаҳо барои истеҳсол ва коркарди аввалияи маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ дохил мешаванд. Воситаҳои истеҳсол ва коркарди аввалияи маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ асбобу анҷом барои гирифтани асали табиӣ, мум, шир ва заҳри занбӯри асал, тилфи (гомогенати) нарзанбӯри асал ва гарди гулро дар бар мегиранд.
2. Ба субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ мансубанд:
1) воҳидҳои сохтории мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ;
2) шахсони воқеӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ;
3) хоҷагиҳои занбӯриасалпарварӣ;
4) корхонаҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизот ва асбобу анҷом барои соҳа;
5) ташкилоту муассисаҳо оид ба тайёр кардан, коркард ва фурӯши маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ ва дорувориҳо дар заминаи онҳо;
6) ташхисгоҳҳои махсусгардондашуда ва аккредитатсияшуда барои санҷиши бехатарӣ ва сифати маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ, таҳқиқи занбӯрҳои асал бо мақсади ошкор кардани беморӣ ва заҳролудшавии занбӯрҳои асал аз пеститсидҳо;
7) муассисаҳои илмӣ ва таълимии ба занбӯриасалпарварӣ машғулбуда;
8) муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ба тайёр кардан, такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи занбӯриасалпарварӣ машғулбуда;
9) иттифоқҳо (иттиҳодияҳо)-и ба фаъолияти соҳаи занбӯриасалпарварӣ алоқаманд.
Моддаи 18. Ҳуқуқ барои баргардондани селаи занбӯри асали паридарафта
1. Шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар ҳолати дунболагирии доимӣ ҳуқуқ дорад селаи занбӯри асали паридарафтаро, ки дар ҳудуди бегона маскун гирифтааст ё дар қуттии бегонаи холӣ ҷойгир шудааст, баргардонад.
2. Соҳиби ҳудуди бегона барои аз худ кардани селаи занбӯри асали паридаомада ҳуқуқ надорад. Дунболагирӣ накардани селаи занбӯри асал аз ҷониби соҳибмулк ҳамчун даст кашидани ӯ аз ҳуқуқи моликият ба ҳамин селаи занбӯри асал дониста мешавад.
Моддаи 19. Селаи занбӯри асали бесоҳиб
1. Селаи занбӯри асале, ки аз ҷониби шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ дунболагирӣ карда намешавад ё селаи занбӯри асали пайдоишаш номаълум, бесоҳиб ҳисобида мешавад.
2. Ҳуқуқи моликият ба селаи занбӯри асали бесоҳиб тибқи муқаррароти Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 20. Моликияти умумӣ ба селаҳои занбӯри асали паридарафта
1. Селаҳои занбӯри асали шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар як вақт парида дар як ҷой бо ҳам пайвастаанд, то парида даромадани онҳо ба қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал моликияти умумии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии мазкур ба ҳисоб мераванд.
2. Дар ҳолате, ки селаҳои занбӯри асал мустақилона ба селаҳои алоҳида тақсим мегарданд, ҳуқуқи моликият ба ҳар селаи занбӯри асал дар асоси қуръапартоӣ муайян карда мешавад.
3. Селаҳои занбӯри асал метавонанд ба моликияти шахси воқеӣ ва ҳуқуқии нархи баланди харидро пешниҳодкарда гузаранд. Дар ин ҳолат маблағи харид байни моликони умумии селаҳои занбӯри асал баробар тақсим карда мешавад.
4. Дар мавриди ба қуттиҳои оилаҳои занбӯр парида даромадани селаҳои занбӯри асали бегона арзиши селаҳои занбӯри асал бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
БОБИ 5. ҲИФЗИ ЗАНБӮРИ АСАЛ
Моддаи 21. Ташкил ва таъмини ҳифзи занбӯри асал
1. Ташкил ва таъмини ҳифзи занбӯри асал бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешаванд.
2. Ташкили ҳифзи занбӯри асал бо назардошти риояи талаботи асосии зерин амалӣ карда мешавад:
1) таъмини хизматрасонии зоотехникии аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи истифода ва азнавбавуҷудоварии оилаҳои занбӯри асал;
2) ҳифзи муҳити табиии зисти занбӯри асал, роҳҳои парвози занбӯри асал ва интиқоли қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал ба ҷойгоҳҳои онҳо;
3) таъмини хизматрасонии байторию санитарии занбӯри асал.
3. Ҳифзи занбӯри асал бо роҳҳои зерин таъмин карда мешавад:
1) татбиқи чораҳо барои пешгирии расонидани зарар ва нобудкунии барқасдонаи оилаҳои занбӯри асал;
2) пешгирии заҳролудшавии занбӯри асал аз воситаҳои муҳофизати растаниҳо, нуриҳои минералӣ, дигар маводи кимиёвӣ ва биологӣ;
3) мусоидат ба бемамониат интиқол додани қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал ба ҷойгоҳҳои онҳо;
4) ташкили таҳқиқоти илмии ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи занбӯри асал равонашуда;
5) тавассути воситаҳои ахбори омма тарғиб намудани фаъолияти соҳа, зарурати ҳифзи занбӯри асал ва рекламаи маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ;
6) таъмини ҷойгиронии миқдори зарурии оилаҳои занбӯри асал дар минтақаҳо;
7) мусоидат ба фаъолияти ба ҳифз ва нигоҳдории занбӯри асал равонагардида;
8) ташкили дастгирии давлатии соҳаи занбӯриасалпарварӣ;
9) риоя кардани меъёрҳо ва қоидаҳои зоотехникӣ, байторию санитарии нигоҳдории занбӯри асал ва ҷойгиронии қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар манбаъҳои асалғундорӣ;
10) риояи талаботи ҳифзи муҳити зист, роҳҳои парвози занбӯри асал ва интиқоли қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал ба ҷойгоҳҳои онҳо аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.
4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияти онҳо метавонад сабаби камшавии оилаҳои занбӯри асал гардад, барои гузарондани чорабиниҳо оид ба ҳифзи муҳити табиии зисти онҳо ва растаниҳои барои занбӯриасалпарварӣ аҳамияти махсусдошта уҳдадор мебошанд.
Моддаи 22. Ҳифзи занбӯри асал дар шароити муҳити табиии зисти он
1. Амалигардонии тадбирҳои ҳифзи занбӯри асал дар шароити муҳити табиии зисти он дар раванди фаъолият дар соҳаи кишоварзӣ, истифодаи ҷангал, пешбурди корҳои иктишофи геологӣ, истихроҷи маъдан, муайян намудани мавзеъҳои чаронидану рондани ҳайвоноти кишоварзӣ ва хатсайрҳои сайёҳӣ, ташкили ҷойҳои истироҳати оммавии аҳолӣ, гузарондани машқҳои мудофиаи граждании аҳолӣ ва санҷишҳои ҳама гуна техника пешбинӣ карда мешавад.
2. Дар шароити муҳити табиии зист вайронкунии хонаҳои оилаҳои занбӯри асал дар ковокии дарахтҳо ва дигар ҷойҳои зисти онҳо, инчунин гирифтани асал манъ аст.
3. Буридани дарахтон ва буттаҳои табиии манбаъҳои асалғундорӣ дар ҳудудҳое, ки аз ҷойгоҳҳои доимӣ дар масофаи наздиктар аз се километр воқеъ мебошанд, ба истиснои ҳолатҳои беҳтар намудани вазъи санитарии ҷангалҳо ва зиёд кардани шумораи ниҳолҳо, манъ аст.
4. Ҳангоми ба фаъолияти ҳаётии инсон халал ворид кардани оилаи занбӯри асал дар шароити муҳити табиии зисти он, аз тарафи мутахассисони соҳаи занбӯриасалпарварӣ чунин оилаи занбӯри асал кӯчонида ё ҳангоми имконнопазирии кӯчонидан нобуд карда мешавад.
5. Фаъолият оид ба истифодаи хусусиятҳои фоидаовари занбӯри асал ва ҷамъоварии маҳсулоти занбӯри асал дар муҳити табиии зисти онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 23. Пешгирии заҳролудшавии занбӯри асал аз истифодаи воситаҳои муҳофизати растаниҳо, нуриҳои минералӣ, маводи дигари кимиёвӣ ва биологӣ
1. Истифодаи воситаҳои муҳофизати растаниҳо, нуриҳои минералӣ, маводи дигари кимиёвӣ ва биологӣ барои коркарди растаниҳои манбаъҳои асалғундорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Номгӯйи воситаҳои муҳофизати растаниҳо, нуриҳои минералӣ, маводи дигари кимиёвӣ ва биологӣ барои коркарди растаниҳо дар манбаъҳои асалғундорӣ истифодашаванда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 24. Мусоидат ба интиқоли қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал
1. Интиқоли қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал бо риояи қоидаҳои байторию санитарӣ тавассути платформа – ядакҳо, дуконҳои сайёр ва воситаҳои махсус муҷаҳҳазшуда, ки ба таҷҳизоти технологии соҳаи кишоварзӣ мансуб мебошанд, аз рӯи хатсайрҳои бо мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ мувофиқашуда анҷом дода мешавад.
2. Барои пешгирии нобудшавии оилаҳои занбӯри асал дар ҳолати якбора баландшавии ҳарорат ва рутубати ҳавои қуттиҳои занбӯри асал ба муҳлати беш аз 15 дақиқа боздоштани воситаҳои нақлиёти барои интиқол истифодашаванда аз ҷониби мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ иҷозат дода намешавад, агар боздошти мазкур ба назорати риояи қоидаҳои интиқол ва (ё) ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт вобаста набошад.
3. Боздоштани воситаҳои нақлиёти барои интиқоли қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал ба ҷойгоҳҳои муваққатии онҳо истифодашаванда бояд бо риояи тадбирҳои бехатарӣ барои оилаҳои занбӯри асал амалӣ карда шавад. Дар мавриди пайдоиши зарурат мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ ба интиқоли бемонеаи қуттиҳо бо оилаҳои занбӯри асал мусоидат менамоянд.
Моддаи 25. Хабардоркунии шахсони воқеӣ ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳа оид ба шароити барои занбӯри асал хатардошта
1. Шахсони воқеӣ ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳа бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрас намудани иттилооти саривақтӣ, пурра ва саҳеҳи вазъи табиии муҳити зист, инчунин шароити барои занбӯри асал хатардошта (ҳодисаҳои табиӣ, зуҳуроти тағйирёбии обу ҳаво ва пешгӯии онҳо) ҳуқуқ доранд. Шахсони воқеӣ ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳа оид ба вазъи муҳити зист, инчунин шароити барои занбӯри асал хатардошта тавассути воситаҳои ахбори омма хабардор карда мешаванд.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки воситаҳои муҳофизати растаниҳо, нуриҳои минералӣ, маводи дигари кимиёвӣ ва биологиро барои коркарди растаниҳо истифода мебаранд, уҳдадоранд шахсан, дар шакли хаттӣ ё тавассути воситаҳои ахбори омма се шабонарӯз пеш аз истифодаи онҳо шахсони воқеӣ ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаро, ки ҷойгоҳҳои онҳо дар масофаи то панҷ километр аз майдонҳои коркардашаванда воқеъ гардидаанд, оид ба номгӯйи маводи истифодашаванда, заҳрнокӣ ва муҳлати маҳдудияти фаъолият хабардор намоянд.
Моддаи 26. Пешгирии бемориҳои занбӯри асал, табобати онҳо ва мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон
1. Пешгирии бемориҳои занбӯри асал, табобати онҳо ва мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории бойтории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Шахсони воқеӣ ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳа барои татбиқи чорабиниҳои пешгирии бемориҳои занбӯри асал, аз ҷумла бемориҳои аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ ба номгӯйи бемориҳои махсусан хавфнок воридкардашуда, табобати онҳо ва мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони занбӯри асал уҳдадор мебошанд.
3. Шахсони воқеӣ ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳа барои татбиқи чорабиниҳои пешгирии бемориҳои занбӯри асал, табобати онҳо ва мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони занбӯри асал метавонанд шахси воқеӣ ва ҳуқуқиеро, ки барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи байторӣ иҷозатномаи дахлдор доранд, ҷалб намоянд.
4. Ҳангоми ошкор кардани бемориҳои занбӯри асал шахсони воқеӣ ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳа уҳдадоранд бе таъхир мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқавориро хаттӣ хабардор намоянд.
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 27. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ
1. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ амалӣ менамояд.
2. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои таҳқиқоти илмии муштарак, таҳия ва татбиқи барномаҳои байналмилалӣ, мубодилаи иттилоот ва омӯзиши таҷриба, иштирок дар ҳамоишҳои илмӣ, намоишгоҳ ва ярмаркаҳо, узвият дар ташкилотҳои байналмилалии соҳаи занбӯриасалпарӣ ва шаклҳои дигар амалӣ карда мешавад.
Моддаи 28. Ҳалли баҳсҳо ҳангоми амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ
Баҳсҳо дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 29. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 30. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» аз 16 апрели соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, № 4, мод. 270) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 31. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2023, №1993
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи занбӯриасалпарварӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2012, № 693 «Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2012, № 2, мод.76) аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 4 октябри соли 2023, №1105
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи занбӯриасалпарварӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2023, № 415
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Кодекси мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии истифодаи фазои ҳавоӣ ва амалисозии фаъолиятро дар соҳаи авиатсия бо мақсади қонеъ гардондани талаботи шаҳрвандон ва иқтисодиёт ба интиқоли ҳавоӣ ва корҳои авиатсионӣ, таъмини бехатарии парвози киштиҳои ҳавоӣ, инчунин таъмини бехатарӣ ва ҳифзи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Соҳибихтиёрӣ нисбат ба фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрии комил ва истисноиро нисбат ба фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон доро мебошад.
Моддаи 2. Доираи амали Кодекси мазкур
Кодекси мазкур нисбат ба муносибатҳое, ки ҳангоми истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – фазои ҳавоӣ) аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ ё дар рафти амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи авиатсия, аз ҷумла интиқоли ҳавоӣ ба вуҷуд меоянд, инчунин ҳангоми берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштани киштиҳои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, татбиқ мегардад, агар қонунгузории давлати қабулкунанда ё шартномаҳои байналмилалӣ тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.
Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) аэродром – қитъаи муайяни сатҳи замин ё об (аз ҷумла ҳама гуна бино, иншоот ва таҷҳизот), ки пурра ё қисман барои нишаст, парвоз ва ҳаракати киштиҳои ҳавоӣ пешбинӣ шудааст;
2) узви ҳайати парвозӣ – узви ҳайати парвозии шаҳодатномадошта, ки ба зиммаи ӯ вазифаҳои мушаххас вобаста ба идораи киштии ҳавоӣ дар вақти парвоз вогузор шудаанд;
3) бағоҷ – молу мулки бастабандишудаи мусофир, ки тибқи меъёрҳои муқарраргардида тавассути киштии ҳавоӣ интиқол дода мешавад;
4) барномаи давлатӣ оид ба бехатарии парвозҳо – маҷмуи қоидаҳо, чорабиниҳо ва нақшаҳои мувофиқашудаи амалҳо, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи бехатарии парвозҳо равона шудаанд;
5) бехатарии авиатсионӣ – ҳифзи авиатсияи гражданӣ аз ҳолатҳои дахолати ғайриқонунӣ, ки тавассути чорабиниҳо ва ҷалби захираҳои инсонӣ ва моддию техникӣ амалӣ карда мешавад;
6) бехатарии парвозҳо – ҳолате, ки зимни он хавфҳои марбут ба фаъолияти авиатсионӣ, ки ба истифодабарии киштиҳои ҳавоӣ дахл дорад ё бевосита чунин истифодабариро таъмин менамояд, то сатҳи имконпазир кам ва назорат карда мешавад;
7) бор - ҳама гуна молу мулки бо тартиби муқарраргардида тавассути киштии ҳавоӣ интиқолдиҳанда, ба истиснои почта, захираҳои дохиликиштӣ ва бағоҷ (ҳамроҳишаванда ё ирсолшаванда);
8) бори дастӣ – молу мулки мусофир, ки мувофиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи интиқолдиҳанда барои интиқол дар дохили киштии ҳавоӣ иҷозат дода шудааст;
9) борқабулкунанда – шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби боринтиқолдиҳанда барои қабули бор дар нуқтаи таъинот дар асоси шартнома ё санади дигари ҳуқуқӣ ваколатдор шудааст;
10) боринтиқолдиҳанда – шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки тибқи шартномаи интиқоли бор аз номи худ ва ё аз номи соҳиби бори дар борхати авиатсионӣ зикргардида амал мекунад;
11) борхати авиатсионӣ – ҳуҷҷати дорои маълумот оид ба бор, ки барои бақайдгирӣ ва назорати гардиши он пешбинӣ гардида, далели интиқол, аз ҷумла баста шудани шартномаро байни боринтиқолдиҳанда ва интиқолдиҳанда оид ба интиқоли бор тасдиқ менамояд;
12) борҳои хатарнок - маснуот ё моддаҳое, ки метавонанд барои ҳаёт, саломатӣ, молу мулки мусофирон, бехатарии киштии ҳавоӣ ва (ё) муҳити атроф хатар эҷод намуда, дар Номгӯйи борҳои хатарнок дарҷгардидае, ки дар дастурамалҳои техникӣ зикр шудаанд ё мутобиқи ин дастурамалҳо тасниф гардидаанд;
13) интиқолдиҳанда – истифодабаранда, ки интиқоли ҳавоии мусофирон, бағоҷ, бор ва почтаро амалӣ намуда, барои машғул шудан бо чунин навъи фаъолият дар соҳаи авиатсия тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дорад;
14) интиқоли ҳавоии дохилӣ – интиқоли ҳавоие, ки зимни он нуқтаи парвоз, нуқтаи таъинот ва ҳама нуқтаҳои нишасти киштии ҳавоӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд;
15) интиқоли ҳавоии тиҷоратӣ – парвози киштии ҳавоӣ бо мақсади интиқоли мусофирон, бор ва ё почта ба таври музднок ё кироя;
16) интиқоли ҳавоии байналмилалӣ– интиқоли ҳавоие, ки зимни он нуқтаи оғоз ва нуқтаи анҷоми парвоз мутаносибан дар ҳудуди ду давлат ё дар ҳудуди як давлат ҷойгир шудаанд, агар нуқтаи (нуқтаҳои) нишаст дар ҳудуди давлати дигар пешбинӣ шуда бошад;
17) интиқоли мунтазам – интиқоле, ки аз рӯйи хатсайрҳои муқарраргардида тибқи ҷадвали тасдиқшудаи ҳаракат анҷом дода мешавад;
18) интиқоли транзитӣ – интиқоли мусофирон, бағоҷ, бор ва почта аз як нуқта ба нуқтаи дигар тавассути нуқтаи фосилавӣ аз ҷониби як интиқолдиҳанда;
19) интиқоли трансфертӣ – интиқоли мусофирон ва бағоҷ аз нуқтаи оғози парвоз то нуқтаи таъинот бо парвози як ё якчанд интиқолдиҳанда бо нишастҳои фосилавӣ дар нуқтаи трансфертӣ;
20) истифодабаранда – шахс, ташкилот ё корхона, ки ба истифодабарии киштиҳои ҳавоӣ ё пешниҳоди хизматрасониҳо дар ин соҳа машғул мебошад;
21) киштии ҳавоӣ – ҳама гуна дастгоҳ, ки дар атмосфера аз ҳисоби таъсири амали мутақобили он бо ҳаво, ба истиснои ҳавои аз сатҳи замин радшаванда, нигоҳ дошта мешавад;
22) киштиҳои ҳавоии бесарнишин – ҳамаи намудҳои дастгоҳ, ҳавопаймо, чархболе, ки бе сарнишини (ҳайати) дар дохили он буда парвоз менамояд ва ба таври фосилавӣ идора карда мешавад;
23) корхонаи авиатсионӣ – шахси ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликият, ки мақсади асосии фаъолияти он ба таври музднок амалӣ намудани интиқоли ҳавоии мусофирон, бағоҷ, бор, почта ва (ё) иҷрои корҳои авиатсионӣ мебошад;
24) корҳои авиатсионӣ – корҳое, ки бо истифода аз киштиҳои ҳавоӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, ҳифзи муҳити зист, инчунин дар самти расондани кумаки тиббӣ ва мақсадҳои дигар иҷро карда мешаванд;
25) коршоямии парвозии киштии ҳавоӣ – ҳолати техникии киштии ҳавоӣ, ки ба нишондиҳандаҳои муқарраргардидаи парвозию техникӣ, сохти намунавӣ мувофиқат намуда, истифодабарии бехатар ва парвози сифатноки онро таъмин менамояд;
26) кумаки пеш аз табибӣ – ёрии таъҷилие, ки ба мусофири ниёзманд то пешниҳоди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ расонда мешавад;
27) қоидаҳои авиатсионӣ - санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки меъёрҳои хусусияти умумидоштаро муқаррар карда, тартиби ташкил ва амалӣ намудани фаъолиятро дар соҳаи авиатсия танзим менамоянд;
28) қоидаҳои интиқоли ҳавоӣ – санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки меъёрҳои намунавии танзимкунандаи тартиби интиқоли мусофир, бағоҷ ва борро аз ҷониби корхонаҳои авиатсионӣ муқаррар менамоянд;
29) майдони нишаст – қитъаи замин, ях, сатҳи иншоот, аз ҷумла сатҳи иншооти шинокунанда ё минтақаи обӣ, ки барои парвоз, нишаст ва ё барои парвозу нишасти муваққатӣ ё доимӣ, ҳаракат ва таваққуфи киштии ҳавоӣ пешбинӣ шудааст;
30) мусофир – шахси воқеие, ки шартномаи интиқоли ҳавоиро бастааст;
31) нақлиёти ҳавоӣ – намуди нақлиёте, ки ба авиатсияи гражданӣ мансуб буда, барои интиқоли мусофирон, бағоҷ, бор, почта ва иҷрои корҳои авиатсионӣ пешбинӣ шудааст;
32) нигоҳдории техникии киштиҳои ҳавоӣ – маҷмуи чорабиниҳое, ки ба амалӣ намудани истифодабарии техникии киштиҳои ҳавоӣ (хизматрасонии техникӣ, таъмир, назорати ҳолати техникӣ, муҳофизат) тибқи талаботи муқарраргардида равона гардидаанд;
33) низоми авиатсионии бесарнишин – киштии ҳавоӣ ва ҷузъиёти ба он вобаста, ки бе сарнишини (ҳайати) дар дохили он буда идора карда мешаванд;
34) низоми идораи бехатарии парвозҳо - муносибати бомаром нисбат ба идораи бехатарии парвозҳо, ки аз сохтори зарурии ташкилӣ, тақсимоти масъулият, уҳдадориҳо, принсипҳо ва қоидаҳои роҳбарикунанда иборат мебошад;
35) низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ - низоме, ки бехатарии истифодаи фазои ҳавоӣ ва сатҳи имконпазири бехатарии парвозҳоро ҳангоми хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ таъмин менамояд;
36) санади тиҷоратӣ – ҳуҷҷати шакли муайяни тасдиқкунандаи ҳолатҳое, ки метавонанд барои ҷавобгарии молу мулкии интиқолдиҳанда, мусофир, боринтиқолдиҳанда ё борқабулкунанда асос гарданд;
37) сарҳавонаварди киштии ҳавоӣ - шахсе, ки аз ҷониби истифодабаранда (соҳибмулк)-и киштии ҳавоӣ таъин гардида, барои идораи мустақилонаи ин навъи киштии ҳавоӣ тайёриву таҷрибаи дахлдор дошта, дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатномаи дахлдори ҳавонавардро доро мебошад;
38) супоришномаи парвоз – ҳуҷҷати шакли муайян, ки тибқи он аъзои ҳайати парвозӣ барои парвоз муқаррар карда мешаванд;
39) тамғагузории бор, бағоҷ, бори дастӣ – сабти рамз, рақам ва аломатҳои дорои маълумот оид ба борқабулкунанда, қоидаҳои муносибат ба бор ва пуррагии он дар рӯйи бор, бағоҷ ё бори дастӣ, ки ҳамзамон чунин навиштаҷот метавонад дар рӯйи зарф ё борпечи бор сабт карда шавад;
40) таъминоти иттилоотии аэронавигатсионӣ – маҷмуи чорабиниҳо оид ба ҷамъоварӣ, таҳлил, коркард, нашр (инъикос) ва сари вақт таъмин намудани мутахассисони манфиатдори авиатсионӣ бо маълумоти пурра ва боэътимоди авиатсионие, ки барои ташкил ва анҷом додани парвозҳо, хизматрасонии онҳо заруранд ва ба баланд бардоштани бехатарии парвозҳо, сифат ва эътимоднокии аэронавигатсия равона шудаанд;
41) таъминоти метеорологии аэронавигатсионӣ – маҷмуи чорабиниҳои ташкилию техникии ба таъмини бехатарӣ ва самаранокии иқтисодии парвозҳо равонашуда бо роҳи ба ҳайати парвозии киштиҳои ҳавоӣ, ташкилоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ ва мақомоти дигари бо банақшагирӣ ва таъминоти парвозҳо алоқаманд, пешниҳод намудани иттилооти метеорологие, ки барои иҷрои вазифаҳои онҳо зарур мебошад;
42) таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ - маҷмуи чорабиниҳои ташкилию техникӣ, ки барои дар омодагии доимӣ нигоҳ доштани объектҳо ва воситаҳои навигатсия, мушоҳида ва алоқа бо мақсади бо иттилооти радиолокатсионӣ, радионавигатсионӣ ва алоқаи барқии авиатсионӣ таъмин намудани истифодабарандагони фазои ҳавоӣ ва ташкилоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ равона гардидаанд;
43) фазои ҳавоӣ – фазои аз сатҳи замин ва об ба боло тулкашида дар ҳудуди сарҳади давлатӣ;
44) фурудгоҳ – маҷмуи иншоот, ки аэродром, аэровокзал ва иншооти дигари зарурии барои қабулу гусели киштиҳои ҳавоӣ, хизматрасонии интиқоли ҳавоӣ равонагардидаро дар бар гирифта, барои ин мақсадҳо дорои таҷҳизоти зарурӣ, мутахассисони авиатсионӣ ва кормандони дигар мебошад;
45) фурудгоҳи байналмилалӣ – фурудгоҳе, ки аз ҷониби давлат барои дар ҳудуди худ қабулу гусели киштиҳои ҳавоии иҷрокунандаи парвозҳои байналмилалӣ муайян карда шуда, дар он назорати гумрукӣ, сарҳадӣ, санитарию карантинӣ (ҳангоми интиқоли ҳайвонот ва растанӣ) ва намудҳои дигари назорати ҳатмӣ ба амал бароварда мешаванд;
46) хатсайр – масири пешакӣ ҳисобшудаи парвози киштии ҳавоӣ дар байни нуқтаҳои оғоз ва анҷоми парвоз;
47) хизматрасонии аэронавигатсионӣ – хизматрасонии истифодабарандагони фазои ҳавоӣ, ки хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ, пешниҳоди иттилооти метеорологӣ ва аэронавигатсиониро дар тамоми марҳилаҳои парвози киштии ҳавоӣ дар бар мегирад;
48) хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ - хизматрасонии парвозию иттилоотӣ, огоҳсозии садамавӣ, хизматрасонии машваратии ҳаракати ҳавоӣ, хизматрасонии танзимгарии ҳаракати ҳавоӣ (хизматрасонии танзимгарии минтақавӣ, хизматрасонии танзимгарии наздикшавӣ ё хизматрасонии танзимгарии аэродромии киштии ҳавоӣ) вобаста ба ҳолатҳои дахлдор.
Моддаи 4. Қонунгузории фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
БОБИ 2. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ АВИАТСИЯ
Моддаи 5. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ ва авиатсия
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ ва авиатсия татбиқи маҷмуи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, техникӣ, ташкилӣ ва ғайраро пешбинӣ менамояд, ки ба иҷрои вазифаҳои зерин равона шудаанд:
1) таъмини бехатарӣ ва истифодаи оқилонаи фазои ҳавоӣ ва авиатсия;
2) таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки давлатӣ;
3) такмили фаъолияти авиатсионӣ;
4) ҳамкории мутақобилан судманд бо давлатҳои хориҷӣ доир ба истифодаи фазои ҳавоӣ ва авиатсия.
Моддаи 6. Танзими давлатӣ дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ
Танзими давлатиро дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ мақомоти зерин амалӣ менамоянд:
1) мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ – танзими пурраи давлатӣ дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ;
2) мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ – танзими давлатии фаъолият дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ, ки бо тартиби муқарраргардида барои парвозҳои авиатсияи гражданӣ ҷудо шудааст (роҳҳои ҳавоии дохилӣ ва байналмилалӣ, хатҳои ҳавоии маҳаллӣ, минтақаҳои корҳои авиатсионӣ, аэродромҳои гражданӣ, аэродромҳои обӣ ва майдони нишаст);
3) комиссияи байниидоравӣ оид ба истифодаи фазои ҳавоӣ – танзими умумии фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба истифодаи фазои ҳавоӣ.
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ ва авиатсия
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ ва авиатсия мансубанд:
1) таҳияи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ ва авиатсия;
2) фароҳам овардани шароит барои қонеъ гардондани талаботи иқтисодиёт ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи фазои ҳавоӣ, авиатсия ва хизматрасониҳои бо онҳо алоқаманд;
3) ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ, минтақавӣ ва ҳифзи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ ва авиатсия;
4) таъмин ва амалӣ намудани назорат оид ба риояи ҳуқуқҳои истифодабарандагони фазои ҳавоӣ ва авиатсия;
5) роҳбарии умумии комиссияи байниидоравӣ дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ, тасдиқи ҳайат ва низомномаи он;
6) тасдиқи сохтор ва низомномаҳои мақомоти танзимкунандаи давлатӣ дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ ва авиатсия;
7) тасдиқи қоидаҳои махсуси ташкил ва таъмини парвозҳои литерӣ ва таҳтиназоратӣ;
8) тасдиқи барномаҳои миллӣ дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ ва авиатсия, омода намудани мутахассисон;
9) қабули қарор дар бораи кушодани фурудгоҳи байналмилалӣ, аэродромҳои ҷойгиршавии муштарак ва аэродромҳои истифодаи муштарак;
10) амалӣ намудани салоҳияти дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ дар қисми танзими пурраи давлатии истифодаи фазои ҳавоӣ тибқи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 9. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ
Ба ваколати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ дохил мешаванд:
1) татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ ва авиатсияи гражданӣ, фароҳам овардани шароит барои таъмини бехатарии парвозҳо;
2) ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ ва авиатсияи гражданӣ бо мақомоти дигари давлатӣ, инчунин бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
3) таҳия ва татбиқи нақшаҳои давлатӣ ва барномаҳои давлатии рушди авиатсияи гражданӣ ва истифодаи фазои ҳавоӣ;
4) амалисозии ҳамкориҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ ва минтақавӣ дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ ва авиатсияи гражданӣ;
5) ташкили истифодаи фазои ҳавоӣ;
6) таҳия ва татбиқи стандартҳои миллии коршоямии парвозии киштиҳои ҳавоӣ, низом ва воситаҳои таъмини парвозҳо ва хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, инчунин қоидаҳои истифодаи фазои ҳавоӣ ва авиатсияи гражданӣ;
7) таҳияи стандартҳо ва меъёрҳои истифодабарии парвозӣ ва техникии киштиҳои ҳавоӣ, талаботи тахассусӣ нисбат ба мутахассисони авиатсионӣ;
8) таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ, муқаррар намудани тартиби таҳия ва татбиқи низоми идораи бехатарии парвозҳои киштиҳои ҳавоӣ;
9) мусоидат ҷиҳати гузарондани тағйироти институтсионалӣ ва сохторӣ дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ ва авиатсияи гражданӣ;
10) таҳлили маҷмуии фаъолият ва дурнамосозии рушди авиатсияи гражданӣ, таҳияи тавсияҳо ва татбиқи тадбирҳо оид ба таъмини фаъолият ва рушди устувори он;
11) ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот оид ба омилҳои хатарнок ва хавфҳо, ки ба бехатарии парвозҳо таҳдид менамоянд, нигоҳдорӣ ва мубодилаи ин гуна маълумот;
12) таъмини назорати фаъолияти сертификатсионӣ ва додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ ва авиатсияи гражданӣ;
13) аккредитатсияи намояндагиҳо ё филиалҳои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, ки интиқоли ҳавоиро ба (аз) Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд;
14) таъмини назорати идоравии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ ва авиатсияи гражданӣ;
15) амалӣ намудани ваколатҳои дигар, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.
БОБИ 3. ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ПАРВОЗҲО
Моддаи 10. Бехатарии парвозҳо
Таҳвилгарони хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ, истифодабарандагони фурудгоҳҳо, аэродромҳо ва киштиҳои ҳавоӣ, ташкилотҳо оид ба хизматрасонии техникии киштиҳои ҳавоӣ, корхонаҳои масъул барои конструксияи навъ ё истеҳсоли киштиҳои ҳавоӣ, муҳаррикҳо ё парраҳои ҳавоӣ ва муассисаҳои таълимии авиатсионӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти худ ва пешниҳоди хизматрасониҳо барои таъмини бехатарии парвозҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
Моддаи 11. Барномаи давлатӣ оид ба бехатарии парвозҳо
Бо мақсади идораи бехатарии парвозҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи давлатӣ оид ба бехатарии парвозҳоро қабул намуда, дар он принсипҳо, қоидаҳо ва чорабиниҳои ба ноилшавӣ ва дастгирии сатҳи имконпазири таъмини бехатарии парвозҳо дар авиатсияи гражданӣ равонашударо мутобиқ ба стандартҳо ва таҷрибаи тавсияшавандаи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ муқаррар менамояд.
Моддаи 12. Низоми идораи бехатарии парвозҳо
1. Мақоми ваколатори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ тибқи тартибе, ки дар доираи таъмини татбиқи барномаи давлатӣ оид ба бехатарии парвозҳо муқаррар гардидааст, тартиби таҳия ва татбиқи низоми идораи бехатарии парвозҳоро барои таҳвилгарони хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ, истифодабарандагони фурудгоҳҳо, аэродромҳо ва киштиҳои ҳавоӣ, ташкилотҳо оид ба хизматрасонии техникии киштиҳои ҳавоӣ, корхонаҳои масъул барои конструксияи навъ ё истеҳсоли киштиҳои ҳавоӣ, муҳаррикҳо ё парраҳои ҳавоӣ ва муассисаҳои таълимии авиатсионӣ муқаррар менамояд.
2. Таҳвилгарони хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ, истифодабарандагони фурудгоҳҳо, аэродромҳо ва киштиҳои ҳавоӣ, ташкилотҳо оид ба хизматрасонии техникии киштиҳои ҳавоӣ, корхонаҳои масъул барои конструксияи навъ ё истеҳсоли киштиҳои ҳавоӣ, муҳаррикҳо ё парраҳои ҳавоӣ ва муассисаҳои таълимии авиатсионӣ низоми идораи бехатарии парвозҳоро дар асоси барномаи давлатӣ оид ба бехатарии парвозҳо ҷорӣ менамоянд.
3. Тартиби ташкил ва истифодаи низоми идораи бехатарии парвозҳо бо Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.
Моддаи 13. Назорати таъмини бехатарии парвозҳо
Бо мақсади идораи бехатарии парвозҳо, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ назоратро оид ба таъмини бехатарии парвозҳо мутобиқи стандартҳо ва таҷрибаи тавсияшавандаи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ амалӣ менамояд.
БОБИ 4. ТАРТИБИ ИСТИФОДАИ ФАЗОИ ҲАВОӢ ВА ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ АВИАТСИЯ
Моддаи 14. Истифодаи фазои ҳавоӣ
1. Истифодабарандагони фазои ҳавоӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие шуда метавонанд, ки фаъолиятро оид ба истифодаи фазои ҳавоӣ анҷом медиҳанд ва дар раванди он дар фазои ҳавоӣ ҳаракат ё ҷойгиршавии объектҳои гуногуни моддӣ (парвози киштиҳои ҳавоӣ, мушакҳо, дастгоҳҳои дигари парвозкунанда ё сохтмони иншооти баландошёна, ба кор даровардани мисборҳо), инчунин гузарондани корҳои таркишӣ, ба атмосфера партофтани афканишоти электромагнитӣ ё афканишоти дигар, моддаҳои хатарнок, ки дидашавандагиро паст ва ба бехатарии ҳаракати ҳавоӣ таҳдид менамоянд, ба амал меоянд.
2. Қоидаҳои истифодаи фазои ҳавоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 15. Принсипҳои истифодаи фазои ҳавоӣ
Истифодаи фазои ҳавоӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) аҳаммияти фазои ҳавоӣ ҳамчун асоси ҳаёт ва фаъолияти инсон;
2) муносибат ба истифодаи фазои ҳавоӣ ҳамчун объекти моликияти давлатӣ;
3) истифодаи мақсадноки захираҳои фазои ҳавоӣ;
4) афзалияти истифодаи фазои ҳавоӣ барои эҳтиёҷоти давлат ва аҳолӣ;
5) коҳиш додан ва пешгирӣ намудани ифлосшавии фазои ҳавоӣ;
6) иштироки тарафҳои манфиатдор дар омода ва қабул намудани қарорҳо оид ба истифодаи захираҳои фазои ҳавоӣ;
7) дастрасии баробари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҳуқуқи истифодаи фазои ҳавоӣ;
8) истифодаи оқилона ва самараноки фазои ҳавоӣ;
9) ҳифзи фазои ҳавоӣ;
10) роҳ надодан ба таъсири аз меъёр зиёд ба муҳити зист ҳангоми истифодаи фазои ҳавоӣ;
11) ҷуброни хароҷоти зарари расондашуда ба ҳолати фазои ҳавоӣ.
Моддаи 16. Афзалиятҳои давлатӣ ҳангоми истифодаи фазои ҳавоӣ
1. Ҳама истифодабарандагони фазои ҳавоӣ барои истифодаи он ҳуқуқи баробар доранд.
2. Дар сурати ба миён омадани талаботи дар як вақт истифода намудани фазои ҳавоӣ аз ҷониби ду ё зиёда истифодабарандагони фазои ҳавоӣ, ҳуқуқи истифодаи он ба истифодабарандагон мутобиқи афзалиятҳои давлатӣ бо тартиби зерин дода мешавад:
1) рафъи ҳамлаи ҳавоӣ, пешгирӣ ва қатъи вайронкунии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳамлаи мусаллаҳона ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) расондани кумак дар ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ;
3) фаровардан, ҷустуҷӯ ва тахлияи дастгоҳҳои кайҳонӣ ва ҳайати парвозӣ;
4) пешгирӣ намудан ва роҳ надодан ба вайронкунии қоидаҳои истифодаи фазои ҳавоӣ;
5) иҷрои парвозҳои киштиҳои ҳавоӣ, аз ҷумла ба манфиати иқтидори мудофиавӣ ва амнияти давлат ё фаъолияти дигар оид ба истифодаи фазои ҳавоӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд;
6) иҷрои парвозҳои киштиҳои ҳавоӣ ё фаъолияти дигар оид ба истифодаи фазои ҳавоӣ, ки тибқи созишномаҳои махсус анҷом дода мешаванд;
7) иҷрои парвозҳои киштиҳои ҳавоии авиатсияи давлатӣ ҳангоми санҷишҳои ногаҳонии тайёрии ҷангӣ, инчунин ҳангоми тағйирдиҳии ҷойгиршавии қисмҳо ва ҷузъу томҳои авиатсияи давлатӣ;
8) амалӣ намудани интиқоли мунтазами ҳавоии мусофирон ва бағоҷ;
9) иҷрои парвозҳои киштиҳои ҳавоии давлатӣ дар рафти амалӣ намудани парвозҳои нақшавӣ;
10) иҷрои парвозҳои киштиҳои ҳавоии авиатсияи таҷрибавӣ;
11) амалӣ намудани интиқоли ҳавоии мунтазами бор ва почта;
12) амалӣ намудани интиқоли ҳавоии номунтазам, иҷрои корҳои авиатсионӣ;
13) гузарондани чорабиниҳои таълимӣ, варзишӣ, намоишӣ ва чорабиниҳои дигар;
14) иҷрои парвозҳои киштиҳои ҳавоӣ ё фаъолияти дигар оид ба истифодаи фазои ҳавоӣ, ки бо мақсади қонеъ гардондани эҳтиёҷоти шаҳрвандон анҷом дода мешаванд.
Моддаи 17. Ташкили истифодаи фазои ҳавоӣ
1. Ташкили истифодаи фазои ҳавоӣ маҷмуи тадбирҳоеро пешбинӣ менамояд, ки ба таъмини фаъолияти бехатар, мунтазам ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самараноки ҳамаи истифодабарандагони манфиатдори фазои ҳавоӣ равона карда шудаанд.
2. Ташкили истифодаи фазои ҳавоӣ тадбирҳои зеринро дар бар мегирад:
1) муқаррар намудани сохтор ва таснифоти фазои ҳавоӣ;
2) банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии истифодаи фазои ҳавоӣ мутобиқи афзалиятҳои давлатие, ки дар моддаи 16 Кодекси мазкур муқаррар гардидаанд;
3) таъмин намудани тартиби иҷозатдиҳӣ ва огоҳсозии истифодаи фазои ҳавоӣ;
4) муқаррар кардани қоидаҳои истифодаи фазои ҳавоӣ ва таъмин намудани иҷрои онҳо;
5) ташкил намудани ҳаракати ҳавоӣ, ки инҳоро дар бар мегирад:
а) хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ;
б) ташкили ҷараёнҳои ҳаракати ҳавоӣ;
в) ташкили фазои ҳавоӣ бо мақсади таъмин намудани хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ ва ташкили ҷараёнҳои ҳаракати ҳавоӣ;
6) назорати давлатӣ дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ.
3. Ташкил ва ҳамоҳангсозии истифодаи фазои ҳавоӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсия, мақомоти низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ ва мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоии (идораи парвозҳои) истифодабарандагони фазои ҳавоӣ дар минтақаҳо ва ноҳияҳои барои онҳо муқарраргардида бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
4. Низомнома дар бораи низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 18. Сохтори фазои ҳавоӣ
1. Ба сохтори фазои ҳавоӣ минтақаҳо, ноҳияҳо ва хатсайрҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, роҳҳои ҳавоӣ, хатҳои ҳавоии маҳаллӣ, минтақаҳои аэродромҳо, гидроаэродромҳо ва марказҳои (узелҳои) ҳавоӣ, минтақаҳо ва хатсайрҳои махсуси парвозҳои киштиҳои ҳавоӣ, минтақаҳои мамнуъ, минтақаҳои хатарнок, машқгоҳҳо, минтақаҳои корҳои таркишӣ, минтақаҳои маҳдуд барои парвозҳои киштиҳои ҳавоӣ ва унсурҳои дигари сохтори фазои ҳавоии муқарраргардида оид ба анҷом додани фаъолият дар фазои ҳавоӣ дохил мешаванд.
2. Сохтори фазои ҳавоӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ якҷо бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ таҳия гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 19. Тартиби истифодаи фазои ҳавоӣ
Мутобиқи сохтор ва таснифи фазои ҳавоӣ, инчунин қоидаҳои истифодаи фазои ҳавоӣ тартиби иҷозатдиҳӣ ва огоҳсозии истифодаи фазои ҳавоӣ муқаррар карда мешаванд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи бандҳои 1)-4) қисми 2 моддаи 16 Кодекси мазкур оид ба истифодаи фазои ҳавоӣ мақомоти дахлдори низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ огоҳонида мешаванд.
Моддаи 20. Иҷозат, манъ ё маҳдуд намудани истифодаи фазои ҳавоӣ
1. Истифодаи фазои ҳавоӣ дар асоси иҷозати мақомоти низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи бандҳои 1)-4) қисми 2 моддаи 16 Кодекси мазкур, бо огоҳсозии ҳатмии мақомоти низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ дар ин хусус, амалӣ карда мешавад.
2. Истифодаи фазои ҳавоӣ ё қитъаҳои алоҳидаи он метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан манъ ё маҳдуд карда шавад.
3. Иттилоот оид ба минтақаҳо ва муҳлатҳои амали реҷаҳои муқарраргардидаи истифодаи фазои ҳавоӣ аз ҷониби мақомоти низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ ба маълумоти истифодабарандагони авиатсионӣ расонда мешавад.
Моддаи 21. Назорат оид ба риояи қоидаҳои истифодаи фазои ҳавоӣ
1. Назорат оид ба риояи қоидаҳои истифодаи фазои ҳавоиро мақомоти низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ, мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идораи парвозҳо), истифодабарандагони фазои ҳавоӣ дар минтақаҳо ва мавзеъҳои барои онҳо муқарраргардида, инчунин мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ дар қисми ошкор кардани киштиҳои ҳавоии вайронкор амалӣ менамоянд.
2. Мақомоти дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида, инчунин истифодабарандагони фазои ҳавоӣ уҳдадоранд, ки ҷиҳати пешгирӣ ва (ё) қатъи вайронкунии қоидаҳои истифодаи фазои ҳавоӣ чораҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ намоянд.
3. Вайронкунии қоидаҳои истифодаи фазои ҳавоӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта мешавад.
Моддаи 22. Пешниҳоди хизматрасонии аэронавигатсионӣ
1. Хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба ҳамаи истифодабарандагони фазои ҳавоӣ пешниҳод гардида, аз инҳо иборат мебошад:
1) хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ;
2) таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ;
3) таъминоти метеорологии аэронавигатсия;
4) таъминоти маълумоти аэронавигатсионӣ.
2. Хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба таври музднок пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 23. Хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ
1. Хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ аз намудҳои зерин иборат мебошад:
1) хизматрасонии танзимгарии ҳаракати ҳавоӣ;
2) хизматрасонии парвозию иттилоотӣ;
3) хабардорсозии садамавӣ.
2. Вазифаҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ вобаста аз намуди хизматрасонии пешниҳодшаванда инҳо мебошанд:
1) пешгирӣ намудани бархӯрди киштиҳои ҳавоӣ;
2) пешгирӣ намудани бархӯрди киштиҳои ҳавоии дар майдони манёвркунӣ бо монеаҳои дар ин майдон ҷойдошта;
3) тезонидан ва нигоҳдории ҷараёни бомароми ҳаракати ҳавоӣ;
4) пешниҳоди машварат ва иттилооти зарурӣ барои таъмини иҷрои бехатар ва самараноки парвозҳо;
5) огоҳсозии ташкилоти дахлдор оид ба киштиҳои ҳавоие, ки ба кумаки хадамоти ҷустуҷӯию наҷотдиҳӣ эҳтиёҷ доранд ва мусоидати зарурӣ ба ин ташкилот.
3. Бо мақсади таъмини парвозҳои байналмилалӣ ташкилоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ метавонанд бо ташкилоти дахлдори давлатҳои дигар ва ташкилоти байналмилалӣ ҳамкорӣ намоянд.
4. Тартиби хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ тибқи Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 24. Таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ
1. Таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ аз пешниҳоди низоми алоқа, навигатсия ва мушоҳида ба истифодабарандагони фазои ҳавоӣ иборат мебошад.
2. Вазифаҳои таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ инҳо мебошанд:
1) ташкили таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ;
2) ташкил ва амалӣ намудани истифодабарии техникии иншоот ва воситаҳои таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ;
3) таъмини мутобиқатии электромагнитии воситаҳои таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ.
3. Барои пешниҳоди таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ ба истифодабарандагони фазои ҳавоӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ тибқи тартиби муқарраргардида радиобасомадҳоеро ҷудо менамояд, ки бояд аз халалҳо ҳифз карда шаванд.
4. Бо мақсади таъмини парвозҳои байналмилалӣ ташкилоти пешниҳодкунандаи таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ метавонанд бо ташкилоти дахлдори давлатҳои дигар ва ташкилоти байналмилалӣ ҳамкорӣ намоянд.
5. Истифода ва пешниҳоди радиобасомадҳои авиатсионии маҷмуӣ ва намуди дигари фаъолият дар соҳаи алоқаи барқии авиатсионӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.
6. Тартиби амалӣ намудани таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ тибқи Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 25. Таъминоти метеорологии аэронавигатсия
1. Таъминоти метеорологии аэронавигатсия пешниҳоди маълумотро дар бораи вазъи кунунии обу ҳаво дар аэродромҳо, пешгӯии вазъи обу ҳаво ва огоҳонидани ҳолатҳои номусоиди барои авиатсия хавфноки обу ҳаво дар аэродромҳо, хатсайрҳои парвоз ва дар минтақаҳои корҳои авиатсионӣ дар бар мегирад.
2. Бо мақсади таъмини парвозҳои байналмилалӣ ташкилоте, ки таъминоти метеорологии аэронавигатсияро пешниҳод менамояд, метавонад бо ташкилоти дахлдори давлатҳои дигар ва ташкилоти байналмилалӣ ҳамкорӣ намояд.
3. Тартиби амалӣ намудани таъминоти метеорологии аэронавигатсия тибқи Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 26. Таъминоти иттилооти аэронавигатсионӣ
1. Маълумоти аэронавигатсионие, ки барои ташкилу иҷрои парвозҳо ва хизматрасонии онҳо зарур аст, дар Маҷмуаи иттилооти аэронавигатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешавад.
2. Мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки сарчашмаи иттилооти аэронавигатсионӣ мебошанд, уҳдадоранд бо мақсади сари вақт нашр ва паҳн намудани иттилооти аэронавигатсионӣ ба мақомоти иттилооти аэронавигатсионӣ маълумоти заруриро пешниҳод намоянд.
3. Бо мақсади таъмини парвозҳои байналмилалӣ ташкилоте, ки иттилооти аэронавигатсиониро таъмин менамоянд, метавонанд бо ташкилоти дахлдори давлатҳои дигар ва ташкилоти байналмилалӣ ҳамкорӣ намоянд.
4. Тартиби таъмини иттилооти аэронавигатсионӣ тибқи Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 27. Талабот оид ба ҳифзи муҳити зист аз таъсири зараровари фаъолият вобаста ба истифодаи фазои ҳавоӣ ва авиатсия
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ уҳдадоранд ҷиҳати назорат ва кам намудани таъсири зарари истифодаи фазои ҳавоӣ ва авиатсия ба муҳити зист чораҳои зарурӣ андешанд.
2. Ташкилот ва корхонаҳое, ки дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ ва авиатсия фаъолият мекунанд, барои риояи талабот оид ба ҳифзи муҳити зист аз таъсири омилҳои манфии техногенӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, масъул мебошанд.
3. Назорати давлатӣ аз рӯи мутобиқатии фаъолият оид ба истифодаи фазои ҳавоӣ ва авиатсия ба зиммаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва соҳаи авиатсияи гражданӣ вогузор карда мешавад.
4. Талабот оид ба ҳифзи муҳити зист (садои авиатсионӣ ва афканишоти муҳаррикҳои авиатсионӣ) тибқи Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 28. Намудҳои авиатсия
Мувофиқи мақсадҳои истифодашавӣ авиатсия ба давлатӣ, гражданӣ ва таҷрибавӣ тақсим мешавад.
Моддаи 29. Авиатсияи давлатӣ
1. Авиатсияе, ки барои амалӣ намудани вазифаҳои ҳарбӣ, сарҳадӣ, милитсия, гумрук ва хизмати дигари давлатӣ, инчунин барои иҷрои вазифаҳои сафарбарию мудофиавӣ истифода мешавад, ба авиатсияи давлатӣ мансуб мебошад.
2. Авиатсияи давлатӣ бо мақсадҳои тиҷоратӣ истифода намешавад, ба истиснои ҳолатҳои истифода гардидани он бо иҷозат ва тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 30. Авиатсияи гражданӣ
1. Авиатсияе, ки бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ ва иқтисодиёт истифода мешавад, ба авиатсияи гражданӣ мансуб мебошад. Авиатсияи гражданӣ ба авиатсияи граждании тиҷоратӣ ва авиатсияи таъиноти умум тақсим мешавад.
2. Авиатсияи граждание, ки бо мақсадҳои тиҷоратӣ барои интиқоли мусофирон, бағоҷ, бор, почта ва корҳои авиатсионӣ истифода мешавад, ба авиатсияи граждании тиҷоратӣ мансуб мебошад.
3. Авиатсияи граждание, ки ройгон истифода мешавад, ба авиатсияи таъиноти умум мансуб мебошад.
Моддаи 31. Авиатсияи таҷрибавӣ
1. Авиатсияе, ки барои гузарондани корҳои таҷрибавӣ-конструкторӣ, озмоишӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, инчунин озмоиши техникаи авиатсионӣ ва таҷҳизоти дигар истифода мешавад, ба авиатсияи таҷрибавӣ мансуб мебошад.
2. Авиатсияи таҷрибавӣ бо мақсадҳои тиҷоратӣ истифода намешавад.
Моддаи 32. Танзими давлатии фаъолият дар соҳаи авиатсия
1. Танзими давлатии фаъолият дар соҳаи авиатсия аз муқаррар намудани қоидаҳо ва расмиёте, ки иҷрояшон барои ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии амаликунандаи фаъолият дар ин соҳа ҳатмӣ мебошад, иборат аст.
2. Танзими давлатии фаъолияти авиатсияи давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ амалӣ карда мешавад.
3. Танзими давлатии фаъолияти авиатсияи гражданӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ амалӣ карда мешавад.
4. Танзими давлатии фаъолияти авиатсияи таҷрибавӣ мувофиқан аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ ва авиатсияи гражданӣ амалӣ карда мешавад.
5. Дахолати мақомоти ваколатдори давлатии дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур зикршуда ба фаъолияти хоҷагидории корхонаҳои тобеияти соҳавидошта манъ аст.
БОБИ 5. ОБЪЕКТҲОИ ИНФРАСОХТОРИ АВИАТСИЯ. КОРХОНАҲОИ АВИАТСИОНӢ
Моддаи 33. Объектҳои инфрасохтори авиатсия
1. Ба объектҳои инфрасохтори авиатсия аэродромҳо, фурудгоҳҳо, объектҳои низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ, инчунин таҷҳизоту хадамоти онҳо дохил мешаванд.
2. Аэродромҳо мутобиқи таъиноти вазифавиашон ба аэродромҳои авиатсияи давлатӣ ва аэродромҳои авиатсияи гражданӣ тақсим мешаванд.
3. Бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти иқтисодӣ ва истифодабарии ташкилот ва шаҳрвандон метавонанд майдонҳои нишасти муваққатӣ ва доимоамалкунанда истифода шаванд.
Моддаи 34. Бақайдгирии давлатии аэродромҳо, майдонҳои нишасти доимоамалкунанда ва фурудгоҳҳо
1. Аэродромҳо ва майдонҳои нишасти доимоамалкунандаи авиатсияи давлатӣ бояд ба қайди ҳатмӣ гирифта шуда, ба Феҳристи давлатии аэродромҳои авиатсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шаванд. Пешбурди феҳристи мазкур ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ вогузор карда мешавад.
2. Аэродромҳои гражданӣ ва фурудгоҳҳо танҳо дар сурати доштани шаҳодатномаҳо (сертификатҳо)-и коршоямӣ бояд ба қайди ҳатмӣ гирифта шуда, ба Феҳристи давлатии аэродромҳо ё фурудгоҳҳои граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд. Пешбурди феҳристи мазкур ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ вогузор карда мешавад.
3. Аэродромҳо ё фурудгоҳҳои гражданӣ дар ҳолатҳои зерин аз феҳристи давлатӣ хориҷ карда мешаванд:
1) вайрон кардани талаботи бақайдгирии давлатии аэродром ё фурудгоҳ ва талабот оид ба таъмини истифодабарии бехатари онҳо;
2) дар асоси дархости соҳибмулки аэродром ё фурудгоҳ.
4. Дар сурати аз феҳристи давлатӣ хориҷ гардидани аэродром ё фурудгоҳ фаъолияти аэродром ё фурудгоҳи мазкур боз дошта шуда, шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии аэродром ё фурудгоҳ бекор карда мешавад.
5. Бақайдгирии давлатии ҳуқуқи моликият ва ҳуқуқҳои дигари молумулкӣ ба аэродромҳо ва фурудгоҳҳо, маҳдуд кардани ин ҳуқуқҳо, пайдоиш, гузариш ва қатъи онҳо, инчунин муқаррар намудани тартиби бақайдгирии давлатӣ ва асосҳои рад кардани бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба ин объектҳо ва аҳдҳо бо онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
6. Андоза ва тартиби пардохти хироҷ барои бақайдгирии давлатии аэродромҳои гражданӣ ва фурудгоҳҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 35. Аэродромҳои ҷойгиршавии муштарак ва аэродромҳои истифодаи муштарак
1. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад аэродромҳои ҷойгиршавии муштарак, ки дар онҳо авиатсияи гражданӣ, давлатӣ ё таҷрибавӣ ҷойгир карда мешаванд ва аэродромҳои истифодаи муштарак – аэродромҳои авиатсияи давлатӣ, ки дар онҳо парвоз, нишаст, ҳаракат ва таваққуфи киштиҳои ҳавоии гражданӣ мувофиқи ҷадвали парвозҳо амалӣ гардида, дар ин аэродром ҳуқуқи ҷойгиршавӣ надоранд, ташкил карда шаванд.
2. Истифодабарии аэродромҳои ҷойгиршавии муштарак ва аэродромҳои истифодаи муштарак дар асоси шартномаҳо сурат мегирад.
3. Аэродромҳои ҷойгиршавии муштарак ва аэродромҳои истифодаи муштарак бояд ба талаботи сертификатсионии нисбат ба аэродромҳои гражданӣ пешбинишаванда ҷавобгӯй бошанд.
Моддаи 36. Талабот оид ба истифодабарии бехатари аэродром ва майдони нишаст
1. Аэродром ва майдони нишасти доимоамалкунанда, ки дар онҳо парвозҳо анҷом дода мешаванд, бояд шаҳодатномаи (сертификати) коршоямии истифодабарии амалкунанда дошта бошанд.
2. Истифодабарии аэродром ва майдони нишасти доимоамалкунанда мувофиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Парвозҳо дар аэродром ва майдони нишасти доимоамалкунанда мувофиқи дастурамал оид ба иҷрои парвозҳо, ки бо мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсия мувофиқа мегардад, иҷро карда мешаванд.
3. Қоидаҳои сертификатсияи аэродром ва майдони нишасти доимоамалкунанда тибқи Кодекси мазкур ва Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
4. Истифодабарандаи (соҳибмулки) аэродром ё майдони нишаст барои нигоҳдории техникӣ ва ба талаботи муқарраргардида мутобиқат доштани онҳо чораҳои дахлдор меандешад.
Моддаи 37. Хизматрасонии киштиҳои ҳавоӣ дар аэродромҳо ва фурудгоҳҳо
1. Ҳама намуди хизматрасониҳои киштиҳои ҳавоӣ дар аэродромҳо ва фурудгоҳҳо дар асоси шартнома тибқи қоидаҳои муқарраргардида ва бо шартҳои ягона музднок анҷом дода мешаванд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Аэродромҳо ва фурудгоҳҳо метавонанд барои қабул ва гусели киштиҳои ҳавоӣ бо сабабҳои техникӣ, метеорологӣ ва сабабҳои дигар, ки ба бехатарии парвозҳои киштиҳои ҳавоӣ таҳдид мекунанд, муваққатан баста шаванд.
3. Аэродромҳо ва фурудгоҳҳо дар замони ҷанг ва (ё) дар ҳолати ҷорӣ гардидани вазъияти фавқулода мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд.
Моддаи 38. Объектҳои низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ
1. Низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ низоми давлатие мебошад, ки барои таъмини бехатар ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самараноки ҳаракати ҳавоӣ ва фаъолияти дигар оид ба истифодаи фазои ҳавоӣ тавассути муттаҳидсозии маҷмуии имкониятҳои одамон, иттилоот, технология, воситаҳо ва хадамот дар асоси истифодаи низоми алоқаи дохиликиштӣ, заминӣ ва (ё) кайҳонӣ, навигатсионӣ ва мушоҳидавӣ муайян гардидааст.
2. Ба объектҳои низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ маҷмааи биноҳо, иншоот, коммуникатсия, инчунин объектҳои рӯизаминии воситаҳо ва низоми хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, навигатсия, нишаст ва алоқа, ки барои ташкили ҳаракати ҳавоӣ пешбинӣ шудаанд, дохил мешаванд.
3. Номгӯйи объектҳои низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ ва талабот ба онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 39. Сохтмон ва таҷдиди аэродромҳо, фурудгоҳҳо ва объектҳои низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ
1. Сохтмон ва таҷдиди аэродромҳо, фурудгоҳҳо ва объектҳои низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ мутобиқи меъёрҳои фаъолияти шаҳрсозии танзими махсус ба амал оварда мешаванд.
2. Ҷудо гардидани қитъаи замин барои аэродром, фурудгоҳ ё объекти низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ мутобиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Истифодаи қитъаи сатҳи об барои таваққуф, парвоз ва нишасти киштиҳои ҳавоӣ, инчунин барои эҳтиёҷоти дигари авиатсионӣ тибқи Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
4. Сохтмон ва таҷдиди аэродромҳо, фурудгоҳҳо ва объектҳои низоми ягонаи ташкили фазои ҳавоӣ бо мақомоти дахлдори иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мувофиқа карда мешаванд.
5. Ҳангоми сохтмон ва таҷдиди аэродромҳо, фурудгоҳҳо ва объектҳои низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ бояд омилҳои ҳифзи муҳити зист ва аҳолӣ аз таъсири зараровари фаъолият дар соҳаи авиатсия, инчунин омилҳои таъсиррасон ба муҳити зист ва фаъолияти аҳолӣ ба бехатарии иҷрои парвозҳои киштиҳои ҳавоӣ ба назар гирифта шаванд.
Моддаи 40. Сохтмон ва ҷойгиркунии объектҳои гуногун дар ҳудуди наздиаэродромӣ, минтақаи аэродром ва наздикии объектҳои радиолокатсионӣ, радионавигатсионӣ ва алоқа
1. Дар минтақаи аэродром ҷойгиронии биноҳо, иншоот, хатҳои алоқа, хатҳои интиқоли барқ, объектҳои радиотехникӣ ва объектҳои дигари баландошёна, бояд мутобиқан бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ ва мақомоти низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ мувофиқа карда шаванд.
2. Ҷойгиронии хатҳои алоқа ва хатҳои интиқоли барқ, иншооти таъиноти гуногун дар минтақаи амали низоми нишаст, дар наздикии объектҳои радиолокатсионӣ, радионавигатсионӣ ва воситаҳои алоқа, ки барои таъмини парвозҳои киштиҳои ҳавоӣ пешбинӣ шудаанд, инчунин ҷойгиронии объектҳои нурафкани радиоӣ бояд мутобиқан бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, мақомоти низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ, инчунин бо мақомоти дахлдори иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мувофиқа карда шаванд.
3. Минтақаи наздиаэродромӣ бо қарори мақомоти дахлдори иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки мутобиқан бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ мувофиқа мегардад, бо мақсади таъмини бехатарии парвозҳои киштиҳои ҳавоӣ, рушди ояндаи фурудгоҳ ва пешгирии таъсири манфии таҷҳизоти аэродромӣ ва парвозҳои киштиҳои ҳавоӣ ба саломатии аҳолӣ ва муҳити зист мутобиқи Кодекси мазкур, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба замин ва шаҳрсозӣ бо назардошти талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ, муқаррар карда мешавад.
4. Минтақаи наздиаэродромӣ минтақаи дорои шартҳои махсуси истифодаи ҳудуд мебошад.
5. Дар минтақаи наздиаэродромӣ метавонанд маҳдудиятҳои истифодаи қитъаҳои замин ва ё объектҳои ғайриманқули дар онҳо ҷойгиршуда ва амалӣ намудани фаъолияти иқтисодӣ ё фаъолияти дигар, бо назардошти тақсим намудан ба минтақаҳои махсуси зерин, муқаррар карда шаванд:
1) минтақаи махсуси якум, ки дар он ҷойгиронии объектҳое, ки барои ташкил ва хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, интиқоли ҳавоӣ, таъмини парвоз, нишаст, ҳаракат ва таваққуфи киштии ҳавоӣ пешбинӣ нашудаанд, манъ аст;
2) минтақаи махсуси дуюм, ки дар он ҷойгиронии объектҳое, ки барои хизматрасонии мусофирон ва коркарди бағоҷ, бор ва почта, хизматрасонии киштиҳои ҳавоӣ, нигоҳдории сӯзишвории авиатсионӣ ва бо сӯзишворӣ пур кардани киштиҳои ҳавоӣ, таъмини энергияи барқ, инчунин объектҳои ба инфрасохтори фурудгоҳ марбут набуда, манъ аст;
3) минтақаи махсуси сеюм, ки дар он ҷойгиронии объектҳое, ки баландиашон аз меъёрҳои маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи мақомоти дахлдори давлатӣ ҳангоми муайянсозии минтақаи дахлдори наздиаэродромӣ зиёд мебошад, манъ аст;
4) минтақаи махсуси чорум, ки дар он ҷойгиронии объектҳое манъ карда мешавад, ки ба кори объектҳо, воситаву низоми рӯизаминии хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, навигатсия, нишаст ва алоқа, ки барои ташкили ҳаракати ҳавоӣ пешбинӣ гардида, берун аз минтақаи махсуси якум ҷойгир шудаанд, халал мерасонанд;
5) минтақаи махсуси панҷум, ки дар он ҷойгиронии объектҳои хатарноки истеҳсолӣ, ки фаъолияти онҳо метавонад ба бехатарии парвозҳои киштиҳои ҳавоӣ таъсир расонад, манъ аст;
6) минтақаи махсуси шашум, ки дар он ҷойгиронии объектҳое, ки ба ҷалб ва ҷамъшавии анбуҳи паррандагон мусоидат мекунанд, манъ аст;
7) минтақаи махсуси ҳафтум, ки дар он бинобар аз ҳад зиёд будани сатҳи таъсири садо, таъсири электромагнитӣ, ҷамъшавии моддаҳои ифлоскунанда дар атмосфера ҷойгиронии объектҳое манъ мебошад, ки намудҳои онҳо вобаста ба таъиноти вазифавиашон аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ ҳангоми муайянсозии минтақаи наздиаэродромӣ бо назардошти талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини бехатарии санитарӣ-эпидемиологии аҳолӣ, муқаррар карда мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.
Моддаи 41. Насб ва истифода намудани таҷҳизоти техникии «Дарвозаҳои электронӣ» дар терминалҳои фурудгоҳҳои байналмилалӣ
1. Бо мақсади кам намудани вақти бақайдгирии пешазпарвозии (пасазпарвозии) мусофирон ҳангоми убури сарҳади давлатӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, инчунин зиёд намудани иқтидори гузаришии нуқтаҳои назорати сарҳадӣ мувофиқи стандартҳои байналмилалии авиатсионӣ дар терминалҳои фурудгоҳҳои байналмилалӣ таҷҳизоти техникии «Дарвозаҳои электронӣ» насб карда мешаванд.
2. Тартиби истифода намудани таҷҳизоти техникии «Дарвозаҳои электронӣ» дар терминалҳои фурудгоҳҳои байналмилалӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ дар мувофиқа бо мақомоти корҳои хориҷӣ ва мақомоти давлатии амнияти миллӣ таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 42. Аломатгузории бино ва иншоот
1. Соҳибмулкони биною иншооти баландошёна, хатҳои алоқа, хатти интиқоли барқ, таҷҳизоти радиотехникӣ ва объектҳои дигар, ки дар ҳудуди иҷрои парвозҳо ҷойгир шудаанд, уҳдадоранд бо мақсади таъмини бехатарии парвозҳои киштиҳои ҳавоӣ аз ҳисоби худ дар объектҳои зикршуда аломатҳою дастгоҳҳои махсусро насб намоянд.
2. Дар минтақаи аэродромҳо гузоштани аломату дастгоҳҳои ҳаммонанде, ки барои шинохтани аэродромҳо бо аломатҳо ва дастгоҳҳои фарқкунанда қабул шудаанд, манъ аст.
3. Назорати риояи талабот оид ба аломатгузории иншооти баландошёна ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими фаъолият дар соҳаи шаҳрсозӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ вогузор карда мешавад.
4. Тартиб ва шартҳои аломатгузории иншооти баландошёна аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 43. Корхонаи авиатсионӣ ва истифодабаранда
1. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи авиатсионӣ бо иштироки сармояи хориҷӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо назардошти на камтар аз 50 фоизи ҳайати мутахассисони чунин корхонаро ташкил додани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
2. Аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ҳангоми бо мақсадҳои авиатсияи давлатӣ истифодаи киштии ҳавоӣ чунин шахсонро барои гирифтани шаҳодатномаи (сертификати) истифодабаранда ё ҳуҷҷати баробарарзиши шаҳодатнома (сертификат) уҳдадор наменамояд.
3. Назорати фаъолияти корхонаҳои авиатсионӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла корхонаҳои авиатсионии хориҷӣ, агентиҳои байналмилалии истифодабарӣ ва соҳибкорони инфиродии хориҷиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ амалӣ менамояд.
4. Талабот ба истифодабарандагони авиатсияи гражданӣ оид ба сертификатсия ва расмиёти бақайдгирӣ тибқи Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 44. Фаъолияти тиҷоратӣ дар соҳаи авиатсияи граждании корхонаҳои авиатсионии хориҷӣ, агентиҳои байналмилалии истифодабарӣ ва соҳибкорони инфиродии хориҷӣ
1. Корхонаҳои авиатсионии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагиҳои худро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода метавонанд.
2. Корхонаҳои авиатсионии хориҷӣ, агентиҳои истифодабарии байналмилалӣ ва соҳибкорони инфиродии хориҷӣ ҳуқуқ надоранд:
1) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интиқол ба ҳудуди давлати хориҷӣ ба киштии ҳавоӣ мусофирон, бағоҷ, бор ва почтаро қабул кунанд ва ё онҳоро аз ҳудуди давлати хориҷӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол диҳанд, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ё иҷозатномаҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, муқаррароти дигар пешбинӣ нашуда бошанд;
2) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, мусофир, бағоҷ, бор ва почтаро ба киштии ҳавоӣ барои интиқоли ҳавоӣ қабул намоянд.
3. Ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқоли мунтазами ҳавоиро анҷом медиҳанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ ё филиал доранд, бо тартиби муқаррарнамудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аккредитатсия мегузаранд.
БОБИ 6. КИШТИҲОИ ҲАВОӢ
Моддаи 45. Таснифи киштиҳои ҳавоӣ
Киштиҳои ҳавоӣ аз рӯи навъ, вазн, усулҳои ба вуҷудоварандаи қувваи болобардорӣ, тарзи идора ва хусусиятҳои дигар тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасниф карда мешаванд.
Моддаи 46. Бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии давлатии киштиҳои ҳавоӣ
1. Киштиҳои ҳавоие, ки барои парвоз пешбинӣ шудаанд, аз қайди давлатӣ мегузаранд. Парвозҳои киштиҳои ҳавоӣ дар сурати надоштани шаҳодатномаи (сертификати) бақайдгирии давлатӣ манъ аст.
2. Киштиҳои ҳавоӣ аз ҷониби мақомоти зерини ваколатдори давлатӣ ба қайд ва ба ҳисоб гирифта мешаванд:
1) киштиҳои ҳавоии давлатӣ – аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ бо ворид намудани маълумот дар бораи киштиҳои ҳавоии давлатӣ ба Феҳристи киштиҳои ҳавоии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) киштиҳои ҳавоии гражданӣ – аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ бо додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ ва ворид намудани маълумот дар бораи киштиҳои ҳавоии гражданӣ ба Феҳристи давлатии киштиҳои ҳавоии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Киштии ҳавоие, ки бо тартиби муқарраргардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд ё ба ҳисоб гирифта шудааст, мансубияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб мешавад.
4. Пешбурди Феҳристи давлатии киштиҳои ҳавоии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ анҷом дода мешавад.
5. Маълумот дар бораи киштии ҳавоии гражданӣ дар ҳолатҳои зерин аз Феҳристи давлатии киштиҳои ҳавоии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда мешавад:
1) соқит намудан ё аз истифодабарӣ гирифтани киштии ҳавоии гражданӣ;
2) фурӯши киштии ҳавоии гражданӣ ё бо дигар асосҳои қонунӣ ба давлати хориҷӣ, шахси ҳуқуқии хориҷӣ, шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ гузаштани ҳуқуқи моликият ба он, ба шарте ки киштии ҳавоии гражданӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун бароварда шавад;
3) вайрон кардани талаботи бақайдгирии давлатии киштии ҳавоии гражданӣ.
6. Ҳангоми аз Феҳристи давлатии киштиҳои ҳавоии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ кардани маълумот дар бораи киштии ҳавоии гражданӣ, шаҳодатнома (сертификат) дар бораи бақайдгирии давлатии киштии ҳавоӣ бекор карда шуда, бояд ба мақомоте, ки шаҳодатномаи (сертификати) мазкурро додааст, баргардонда шавад.
7. Бақайдгирӣ ва баҳисобгирии давлатии киштиҳои ҳавоӣ дар асоси талаботи моддаи мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
8. Киштиҳои ҳавоии бесарнишин бо назардошти таъиноти онҳо бо қоидаҳои муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсия ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.
9. Қоидаҳои муомилоти киштиҳои ҳавоии бесарнишин аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
10. Барои ба қайди давлатӣ гирифтани киштии ҳавоии гражданӣ хироҷ ситонида мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
11. Бақайдгирии давлатии ҳуқуқи моликият ва ҳуқуқҳои дигари молумулкӣ ба киштии ҳавоӣ, маҳдудсозии ин ҳуқуқҳо, пайдоиш, гузариш ва қатъи онҳо, инчунин муқаррар намудани тартиби бақайдгирии давлатӣ ва асосҳои рад намудани бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба киштии ҳавоӣ ва аҳдҳо бо он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
12. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ҳуқуқ дорад, ки бо мақомоти ваколатдори соҳаи авиатсияи граждании давлати дигар дар хусуси қабул намудан ё интиқол додани вазифаю уҳдадориҳои муайяни давлати бақайдгирии киштии ҳавоӣ шартнома (созишнома) баста, дар ин бора Шурои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданиро огоҳ намояд.
13. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ бақайдгирии давлатии киштиҳои ҳавоии граждании авиатсияи таъиноти умумро амалӣ менамояд.
14. Тартиби бақайдгирии давлатии киштиҳои ҳавоии граждании авиатсияи таъиноти умум тибқи Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 47. Талабот оид ба истифодабарии бехатари киштии ҳавоӣ
1. Киштии ҳавоӣ бояд мувофиқи дастурамал оид ба истифодабарии парвозии киштии ҳавоӣ истифода бурда шавад.
2. Истифодабаранда (соҳибмулк) уҳдадор аст, ки киштии ҳавоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифташуда ва (ё) истифодашавандаро дар ҳолати коршоямии техникӣ нигоҳ дорад.
3. Истифодабарандаи (соҳибмулки) киштии ҳавоӣ барои риояи маҳдудиятҳо ва расмиёти истифодабарии киштии ҳавоӣ, ки аз ҷониби истеҳсолкунандаи киштии ҳавоӣ, инчунин қоидаҳои истифодабарии киштиҳои ҳавоӣ, ки дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, чораҳои дахлдор меандешад.
Моддаи 48. Аломатгузории киштиҳои ҳавоӣ
1. Ба киштиҳои ҳавоие, ки мансубияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, аломатҳои махсус гузошта мешаванд. Аломатҳои махсус вобаста ба мансубияти киштии ҳавоӣ ба намуди авиатсия аз нишонаҳои давлатӣ, бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва нишонаҳои дигар иборат мебошанд.
2. Ба киштиҳои ҳавоии давлатӣ аломатҳои шинохти баҳисобгирӣ гузошта мешаванд.
3. Ба киштиҳои ҳавоии гражданӣ, ба ғайр аз аломатҳои шинохти давлатӣ ва бақайдгирӣ, бояд тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рамзҳо, навиштаҷот, тамға ва аломатҳои дигари тибқи тартиби муқарраргардида бақайдгирифташуда гузошта шаванд.
4. Ба киштиҳои ҳавоие, ки барои хизматрасонии тиббию санитарӣ пешбинӣ шудаанд, ғайр аз ин, тасвири салиби сурх ё ҳилоли аҳмар гузошта мешаванд.
5. Тартиби гузоштани аломатҳо ва рамзҳо дар киштиҳои ҳавоӣ тибқи Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
6. Маълумот дар бораи аломатҳои шинохти киштиҳои ҳавоии давлатҳои хориҷӣ бояд аз ҷониби истифодабарандагон то оғози парвозҳои байналмилалӣ ба мақомоти дахлдори ташкили ҳаракати ҳавоӣ дода шавад.
Моддаи 49. Ҳуҷҷатҳои киштии ҳавоӣ
1. Киштии ҳавоии давлатӣ дар дохилаш бояд ҳуҷҷатҳое дошта бошад, ки номгӯйи онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ муқаррар менамояд.
2. Дар дохили киштии ҳавоии гражданӣ ҳангоми иҷрои парвозҳо бояд ба таври ҳатмӣ ҳуҷҷатҳои зерин бошанд:
1) шаҳодатнома (сертификат) дар бораи бақайдгирии давлатии киштии ҳавоӣ;
2) шаҳодатномаи (сертификати) коршоямии парвозии киштии ҳавоӣ;
3) шаҳодатномаи (сертификати) истифодабаранда (нусха);
4) шаҳодатнома (сертификат) оид ба сатҳи садо;
5) иҷозат барои таҷҳизоти радиоии дохилӣ;
6) дастурамал оид ба истифодабарии парвоз;
7) ҳуҷҷатҳои дахлдор барои ҳар як аъзои ҳайати парвозӣ;
8) дафтари дохилии киштии ҳавоӣ;
9) полисҳои (сертификатҳои) суғуртавӣ (нусхаҳо);
10) дафтари санитарӣ ё ҳуҷҷатҳои дигар, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ пешбинӣ намудааст.
3. Талабот нисбат ба ҳуҷҷатҳои дохили киштиҳои ҳавоии граждании вазнашон сабук, аз меъёр сабук ва худсохт аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ муқаррар карда мешаванд.
4. Талабот нисбат ба ҳуҷҷатҳои дохили киштиҳои ҳавоии давлатӣ ва таҷрибавӣ мувофиқан аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ ё мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ муқаррар карда мешаванд.
5. Талабот нисбат ба ҳуҷҷатҳои дохили киштиҳои ҳавоии граждании давлатҳои хориҷӣ мувофиқи қисми 2 моддаи мазкур муайян карда мешаванд, агар онҳо ба стандартҳои авиатсионии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мувофиқат намоянд.
Моддаи 50. Қоидаҳои парвози киштиҳои ҳавоӣ
1. Парвозҳо дар фазои ҳавоӣ бояд танҳо бо шарти таъмини бехатарии одамон, молу мулк ва муҳити зист амалӣ карда шаванд.
2. Тафовути қоидаҳои миллии иҷрои парвозҳо аз стандартҳои байналмилалӣ ва таҷрибаҳои тавсияшавандаи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Маҷмуаи иттилоотии аэронавигатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешаванд.
3. Қоидаҳои иҷрои парвозҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ якҷо бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ муқаррар менамоянд.
Моддаи 51. Нақшаи парвози киштии ҳавоӣ
1. Истифодабарандаи фазои ҳавоӣ бо мақсади таъмини бехатарии худ ва бехатарии ҳаракати ҳавоӣ уҳдадор аст, ки то оғози парвоз мақомоти дахлдори низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоиро оид ба парвози дарпешистода огоҳ созад.
2. Огоҳинома оид ба парвоз, ки маълумот дар бораи нуқтаҳои парвоз ва таъинот, хатсайр ва баландии парвози банақшагирифташуда ва маълумоти дигари заруриро дар бар мегирад, тибқи талаботи муқаррарнамудаи мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсия ба мақомоти низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ пешниҳод карда мешавад.
3. Риоя накардани нақшаи пешниҳодшудаи парвози киштии ҳавоӣ танҳо дар мувофиқа бо мақомоти низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ ё дар ҳолатҳои фавқулода бо қарори сарҳавонаварди киштии ҳавоӣ бо огоҳсозии фаврии мақомоти дахлдори хизматрасони ҳаракати ҳавоӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 60 Кодекси мазкур, иҷозат дода мешавад.
Моддаи 52. Парвози киштии ҳавоӣ аз болои маҳалҳои аҳолинишин
Парвози киштии ҳавоӣ аз болои маҳалҳои аҳолинишин бояд дар баландие анҷом дода шавад, ки дар ҳолати вайроншавии киштии ҳавоӣ барои берун аз маҳалҳои аҳолинишин ё дар майдонҳои махсуси парвозу нишасти ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин нишастани киштии ҳавоӣ имкон диҳад.
Моддаи 53. Парвози намоишии киштии ҳавоӣ
Парвози намоишии киштии ҳавоӣ бо шарти ҳатмии риояи талабот оид ба бехатарии парвозҳо, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсия муқаррар гардидаанд, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 54. Парвози киштии ҳавоӣ бо суръати фавқуссадо
Парвози киштии ҳавоӣ бо суръати фавқуссадо дар баландие иҷозат дода мешавад, ки таъсири хатарноки зарбаи садоро ба муҳити зист истисно менамояд.
Моддаи 55. Таҷҳизоти радиоии киштиҳои ҳавоӣ ва истифодаи алоқаи радиоӣ
1. Киштиҳои ҳавоии дорои воситаҳои алоқаи радиоӣ ҳангоми иҷрои парвозҳо бо мақомоти дахлдори хизматрасони ҳаракати ҳавоӣ (идораи парвозҳо) алоқаи радиоиро ба роҳ мемонанд.
2. Таҷҳизоти алоқаи радиоии дар киштии ҳавоӣ насбшуда танҳо аз ҷониби аъзои ҳайати парвозии иҷозати махсусдошта истифода мешавад.
3. Ҳангоми парвозҳои киштиҳои ҳавоӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар минтақаҳои аэродромҳое, ки барои парвозҳои байналмилалӣ кушодаанд, алоқаи радиоии ҳайати парвозӣ бо мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ ба забонҳои англисӣ ва русӣ сурат мегирад.
4. Тартиби амалӣ намудани алоқаи радиоӣ дар фазои ҳавоӣ тибқи Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
5. Ҳангоми иҷрои парвозҳои байналмилалӣ истифодаи таҷҳизоти алоқаи радиоӣ тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи давлате, ки парвоз аз болои он сурат мегирад, амалӣ мегардад.
Моддаи 56. Аксбардорӣ, наворбардорӣ, сабти аудиоиву видеоӣ ва усулҳои дигари таҳқиқи фосилавии замин аз дохили киштии ҳавоӣ
1. Аксбардорӣ, наворбардорӣ, сабти аудиоиву видеоӣ ва усулҳои дигари таҳқиқи фосилавии замин аз дохили киштии ҳавоӣ бо иҷозати махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
2. Маводҳои аксбардорӣ, наворбардорӣ, сабтҳои аудиоиву видеоӣ, махзанҳои иттилоотӣ ва бонки маълумот, воситаҳои техникӣ ва ҳомилҳои дигари иттилоот ба ҳуҷҷату маводе мансуб мебошанд, ки фаъолияти шахсони назоратшаванда, инчунин ҳолати иншоот, таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёти назоратшавандаро тавсиф менамоянд.
Моддаи 57. Нигоҳдории техникии киштиҳои ҳавоӣ
Нигоҳдории техникии киштиҳои ҳавоӣ (таъмир, назорати ҳолати техникӣ ва нигоҳдорӣ), аз ҷумла назорати ҳолати техникии киштиҳои ҳавоии муддати зиёд аз макони ҷойгиршавии доимиашон дурбуда аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар асоси шартнома ва мутобиқи талаботу қоидаҳои пешбининамудаи мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсия амалӣ карда мешавад.
Моддаи 58. Киштии ҳавоии вайронкор
1. Киштии ҳавоие, ки ба вайрон намудани қоидаҳои муқарраргардидаи истифодаи фазои ҳавоӣ роҳ медиҳад, киштии ҳавоии вайронкор эътироф карда мешавад.
2. Киштии ҳавоии вайронкор, ки барои нишастан фармоиш гирифтааст, бояд дар ҷойи ба ӯ нишондодашуда фуруд ояд.
3. Дар сурати итоат накардан ба талаботи қонунии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ ва (ё) мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ киштии ҳавоии вайронкор метавонад мутобиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт карда шавад.
4. Парвози киштии ҳавоии вайронкор пас аз нишасти иҷборӣ (боздоштшавӣ) ва муайян гардидани сабабҳои вайронкорӣ бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ барқарор карда мешавад.
5. Хароҷоти марбут ба вайронкунии тартиби истифодаи фазои ҳавоӣ аз ҷониби соҳибмулки киштии ҳавоии вайронкор ҷуброн карда мешавад.
БОБИ 7. МУТАХАССИСОНИ АВИАТСИОНӢ
Моддаи 59. Мутахассисони авиатсионӣ
1. Ба ҳайати мутахассисони авиатсионӣ шахсоне мансуб мебошанд, ки дорои омодагии махсус буда, фаъолиятро дар соҳаи авиатсия вобаста ба иҷро, таъмин ва хизматрасонии парвозҳои киштиҳои ҳавоӣ, инчунин фаъолиятро вобаста ба ташкили истифодаи фазои ҳавоӣ, ташкил ва хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ амалӣ менамоянд.
2. Номгӯйи мансабҳои мутахассисони авиатсионӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон тасдиқ карда мешавад. Ба ҳайати мутахассисони авиатсионӣ мутахассисони авиатсияи давлатӣ ва мутахассисони авиатсияи гражданӣ дохил мешаванд.
3. Мутахассисони авиатсионӣ дар сурати надоштани шаҳодатномаи (сертификати) аз ҷониби мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсия додашуда, ба иҷрои уҳдадориҳояшон роҳ дода намешаванд.
4. Мансабҳои мутахассисони ҳайати авиатсиониро, ки дар бахши ташкили истифодаи фазои ҳавоӣ, ташкил ва хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ фаъолият менамоянд, танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол карда метавонанд.
5. Назорати давлатии мутобиқати тахассусии мутахассисони авиатсионӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсия амалӣ карда мешавад.
Моддаи 60. Ҳайати парвозии киштии ҳавоӣ
1. Ҳайати парвозии киштии ҳавоӣ ба ҳайати парвозӣ (сарҳавонаварди киштии ҳавоӣ ва шахсони дигари ҳайати парвозӣ) ва ҳайати парвозии кабина (операторҳо, роҳбаладон) тақсим мешавад.
2. Аъзои ҳайати парвозии киштии ҳавоӣ мувофиқи талабот оид ба истифодабарии парвозии ин навъи киштии ҳавоӣ муқаррар карда мешаванд.
3. Парвози киштии ҳавоии гражданӣ бо ҳайати нопурраи парвозӣ манъ аст.
Моддаи 61. Сарҳавонаварди киштии ҳавоӣ
1. Сарҳавонаварди киштии ҳавоӣ ба кори ҳайати парвозии киштии ҳавоӣ роҳбарӣ намуда, барои интизом ва тартибот дар киштии ҳавоӣ ҷавобгар буда, барои таъмини бехатарӣ ва ҳифзи киштии ҳавоӣ, одамон ва молу мулки дар дохили он буда тадбирҳои зарурӣ меандешад.
2. Сарҳавонаварди киштии ҳавоӣ ҳуқуқ дорад:
1) оид ба оғози парвоз, рафти парвоз ва нишасти киштии ҳавоӣ, инчунин оид ба қатъ намудани парвоз ва бозгашт ба аэродром ё оид ба нишасти иҷборӣ дар ҳолати пайдо шудани таҳдиди бевосита ба бехатарии парвози киштии ҳавоӣ бо мақсади наҷот додани ҳаёти одамон ё пешгирӣ намудани расондани зарар ба муҳити зист қарори ниҳоӣ қабул намояд. Чунин қарорҳо метавонанд бо вайрон намудани нақшаи парвоз, дастури мақоми хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ ва супоришномаи парвоз бо огоҳсозии ҳатмии мақоми дахлдори хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идораи парвоз) оид ба амалҳои худ ва ба қадри имкон мутобиқи қоидаҳои муқарраргардидаи парвозҳо қабул карда шаванд;
2) бо мақсади таъмини бехатарии парвози киштии ҳавоӣ:
а) ба ҳар як шахси дар дохили киштии ҳавоӣ ҳузурдошта амр диҳад;
б) нисбат ба шахсони бо кирдори худ барои бехатарии парвози киштии ҳавоӣ ва одамони дар он ҳузурдошта таҳдиди бевосита ба вуҷуд меоранд ва аз иҷрои амрҳои ӯ саркашӣ мекунанд, чораҳои зарурӣ, аз ҷумла чораҳои маҷбуркуниро татбиқ намояд;
в) ҳангоми дар замин қарор доштани киштии ҳавоӣ шахсонеро, ки ба бехатарии парвоз ва одамони дар дохили он ҳузурдошта хатар эҷод менамоянд, аз киштии ҳавоӣ фарорад ва дар сурати дар кирдори ин шахсон мавҷуд будани аломатҳои таркиби ҷиноят, онҳоро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорад;
3) дар бораи рехтани сӯзишворӣ дар рафти парвоз, партофтани бағоҷ, бор ва почта, агар ин амал барои таъмини бехатарии парвоз ва нишасти он зарур бошад, қарор қабул кунад;
4) дар ҳолати набудани хадамоти махсуси дахлдор муоинаи пешазпарвозии мусофирон ва молу мулки ба киштии ҳавоӣ боршавандаро гузаронад;
5) барои таъмини анҷоми парвози бехатари киштии ҳавоӣ тадбирҳои дигарро андешад;
6) дар ҳолати нишасти иҷбории киштии ҳавоӣ то ба намояндагони хадамоти ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳии киштиҳои ҳавоӣ супоридани ваколатҳояш ба амалҳои шахсони дар дохили киштии ҳавоӣ қарордошта, роҳбарӣ намояд.
Моддаи 62. Амали ҳайати парвозии киштии ҳавоӣ ҳангоми фалокат
Агар киштии ҳавоӣ ҳангоми парвоз ба фалокат дучор шавад ё дучор шуда бошад, сарҳавонаварди киштии ҳавоӣ ва аъзои дигари ҳайати парвозии он уҳдадоранд, ки ҷиҳати ҳифзи ҳаёт ва саломатии одамони дар дохили киштии ҳавоӣ ҳузурдошта, инчунин таъмини нигоҳдории киштии ҳавоӣ ва молу мулки дар он қарордошта тамоми тадбирҳои имконпазирро андешанд.
Моддаи 63. Расондани кумак ба хатар дучоршудагон
Сарҳавонарди киштии ҳавоӣ дар сурати қабули бонги хатар аз киштии дигари ҳавоӣ (баҳрӣ) ё ҳама гуна киштиҳои дигар, ё дарёфт намудани киштии ба фалокат дучоршаванда ё дучоршуда, минтақаи офати экологӣ ё одамони дар ҳолати хатарнок қарордошта уҳдадор аст, ки ба онҳо аз рӯи имкон кумак расонад, агар ин барои киштии ҳавоӣ, мусофирон ва ҳайати парвозии ба ӯ супоридашуда хатар эҷод насозад ва ба таври ҳатмӣ ба мақомоти дахлдори хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идораи парвозҳо) дар бораи ҷой ва хусусияти ҳодиса хабар диҳад.
БОБИ 8. ПАРВОЗҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИШТИҲОИ ҲАВОӢ
Моддаи 64. Парвозҳои байналмилалии киштиҳои ҳавоӣ
1. Парвози киштии ҳавоӣ дар фазои ҳавоии беш аз як давлат парвози байналмилалии киштии ҳавоӣ ҳисобида мешавад.
2. Парвозҳои байналмилалии киштиҳои ҳавоӣ дар фазои ҳавоӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳо ва меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амалӣ карда мешаванд.
3. Қоидаҳои парвозҳои байналмилалии киштиҳои ҳавоӣ, иттилооти аэронавигатсионӣ оид ба роҳҳои ҳавоии байналмилалӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалӣ, инчунин маълумоти дигаре, ки барои иҷрои парвозҳои байналмилалии киштиҳои ҳавоӣ заруранд, дар Маҷмуаи иттилоотии аэронавигатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешаванд.
4. Парвозҳои байналмилалии киштиҳои ҳавоӣ дар заминаи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё иҷозате, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, иҷро карда мешаванд.
5. Парвоз ва нишасти киштиҳои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва киштиҳои ҳавоии давлатҳои хориҷӣ, ки парвози байналмилалиро дар фазои ҳавоӣ анҷом медиҳанд, дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ мегарданд.
6. Ҳуҷҷатҳои киштии ҳавоии дар дохили киштиҳои ҳавоии граждании давлатҳои хориҷӣ мавҷудбуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар онҳо ба стандартҳои авиатсионии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ бошанд, эътибор доранд. Шахсони ваколатдори мақомоти махсуси дахлдори ваколатдор ҳуқуқ доранд, ки киштиҳои ҳавоии граждании давлатҳои хориҷиро ҳангоми нишасти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тафтиши ҳуҷҷатҳои киштии ҳавоӣ мавриди муоина қарор диҳанд.
7. Агар дар дохили киштии ҳавоии граждании давлати хориҷӣ ҳуҷҷатҳои дахлдори барои парвозҳои байналмилалӣ муқарраргардида набошанд ё барои корношоям ҳисобидани киштии ҳавоии мазкур асосҳо мавҷуд бошанд, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ҳуқуқ дорад, ки парвози ин киштии ҳавоиро то қабул гардидани қарори дахлдор боз дорад.
Моддаи 65. Талабот нисбат ба интиқолдиҳандагони хориҷӣ ҳангоми иҷрои парвозҳои байналмилалӣ
Ҳангоми иҷрои парвозҳои байналмилалӣ интиқолдиҳандагони хориҷӣ бояд талаботи зеринро риоя намоянд:
1) ҳайати парвозӣ бояд барои ворид шудан (парвози транзитӣ) ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дошта бошад, ба истиснои кишварҳое, ки аз онҳо иҷозат талаб карда намешавад;
2) ҳайати парвозӣ бояд шиносномаи хориҷии дорои раводиди амалкунанда дошта бошад, ба истиснои кишварҳое, ки бо онҳо реҷаи бидуни раводид амал менамояд;
3) ба тағйири хати муқарраргардидаи парвоз, ки дар нақшаи иҷозатдодашудаи парвоз нишон дода шудааст, роҳ надиҳанд;
4) ба интиқоли мусофирон ва борҳо байни ду нуқтаи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардида бе иҷозати махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ надиҳанд.
Моддаи 66. Татбиқи қоидаҳои шиносномавӣ, гумрукӣ ва қоидаҳои дигар ҳангоми иҷрои парвозҳои байналмилалии киштиҳои ҳавоӣ
1. Нисбат ба киштиҳои ҳавоии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беруншаванда ва тариқи транзит бо нишаст дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон парвозкунанда, ҳайати парвозӣ ва мусофирони онҳо, инчунин молу мулк, бағоҷ, борҳо ва почтае, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд ё аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд, қоидаҳои шиносномавӣ, гумрукӣ ва қоидаҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд.
2. Тартиби содакунии расмиёт ҳангоми интиқоли ҳавоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 67. Пешниҳоди маълумоти шахсии дастрасиашон умумии мусофирони киштии ҳавоӣ ва маълумоти дигар дар бораи интиқоли мусофирон
1. Интиқолдиҳандагон дар бораи мусофироне, ки воридшавиашон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар давлати таъинот ё транзит рад карда мешавад, ирсоли маълумоти шахсии дастрасиашон умумии мусофирони киштиҳои ҳавоии беруншаванда ё ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, инчунин тибқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти дигарро дар бораи интиқоли мусофирон ба системаҳои иттилоотии мақоми махсуси соҳаи авиатсияи гражданӣ ва ҳангоми интиқоли ҳавоии байналмилалии мусофирон, инчунин ба мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қонунгузории давлатҳои хориҷӣ, ки давлатҳои равонкунанда, таъинот ё транзит мебошанд, таъмин менамоянд.
2. Тартиби иттилоотонӣ оид ба мусофирони воридшавиашон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон радшаванда ба интиқолдиҳандагоне, ки интиқоли ҳавоии байналмилалии мусофиронро амалӣ менамоянд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
БОБИ 9. НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ ДАР СОҲАИ АВИАТСИЯ
Моддаи 68. Сертификатсия дар соҳаи авиатсия
1. Киштиҳои ҳавоӣ ва иншооти инфрасохтории авиатсионӣ, ки нисбат ба онҳо талабот вобаста ба истифодабарӣ, бехатарӣ ва меъёрҳои дигар муқаррар гардидаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сертификатсияи ҳатмӣ мегузаранд.
2. Мавриди сертификатсияи ҳатмӣ қарор мегиранд:
1) шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки интиқоли ҳавоӣ ва корҳои авиатсиониро амалӣ ва таъмин менамоянд;
2) шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи авиатсиониро анҷом медиҳанд;
3) аэродромҳо, фурудгоҳҳо;
4) муассисаҳои таълимие, ки мутахассисони сатҳи дахлдорро мутобиқи номгӯйи мансабҳои мутахассисони авиатсионӣ омода менамоянд;
5) киштиҳои ҳавоӣ, аз ҷумла бесарнишин, таҷҳизоти барқии садодиҳанда ва метеорологие, ки дар аэродромҳои сертификатсияшуда насб гардида, барои парвоз, нишаст, ҳаракати рӯизаминӣ ва таваққуфи киштиҳои ҳавоӣ пешбинӣ гардидаанд, таҷҳизоти радиотехникӣ ва алоқаи барқии авиатсионии барои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ истифодашаванда, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки фаъолияти онҳо бевосита бо таъмини бехатарии парвозҳои киштиҳои ҳавоӣ ё бехатарии авиатсионӣ алоқаманд мебошад.
3. Сертификатсияи ҳатмӣ тибқи Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
4. Сертификатсияи ҳатмӣ музднок амалӣ карда мешавад.
Моддаи 69. Шаҳодатномаи (сертификати) коршоямии парвозии киштии ҳавоӣ
1. Ба истифодабарии киштиҳои ҳавоӣ ҳангоми надоштани шаҳодатномаи (сертификати) амалкунандаи коршоямии парвозӣ, ки мутобиқати киштиҳои ҳавоиро ба талабот оид ба коршоямии парвозӣ ва ҳифзи муҳити зист тасдиқ менамояд, иҷозат дода намешавад.
2. Шаҳодатномаи (сертификати) коршоямии парвозии киштиҳои ҳавоӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсия дода мешавад.
3. Талабот оид ба коршоямии парвозӣ ва тартиби додани иҷозат барои истифодабарии киштиҳои ҳавоӣ бо Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
4. Иттилоот дар бораи ҳолати техникии техникаи авиатсионӣ ва хусусиятҳои истифодабарии он аз ҷониби истифодабарандагон ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ бо тартиби муқаррарнамудаи он пешниҳод карда мешавад.
5. Назорати давлатии коршоямии парвозии киштиҳои ҳавоиро мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсия амалӣ менамоянд.
Моддаи 70. Эътирофи шаҳодатномаи (сертификати) коршоямии парвозии киштии ҳавоии граждании хориҷӣ
1. Шаҳодатномаи (сертификати) коршоямии парвозии киштии ҳавоии граждании хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешавад, агар он мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда бошад.
2. Эътироф ва тасдиқи эътибори шаҳодатномаи (сертификати) давлати дигар бо иҷозати дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ба расмият дароварда мешавад.
Моддаи 71. Иҷозат барои парвози махсуси киштии ҳавоӣ
1. Дар ҳолатҳои истисноӣ ҳангоми мутобиқ набудани киштии ҳавоӣ ба меъёрҳои муқарраргардидаи коршоямии парвозӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, пас аз гузарондани санҷиши дахлдор, метавонад ба чунин киштии ҳавоӣ барои иҷрои парвоз ба аэродроме, ки дар он хизматрасонии зарурии техникии киштии ҳавоии мазкур анҷом дода мешавад, иҷозати махсус диҳад.
2. Парвозҳои махсус бе ҳузури мусофирон иҷро карда мешаванд.
Моддаи 72. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ
1. Намудҳои алоҳидаи фаъолият дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ бояд дар асоси иҷозатнома амалӣ карда шаванд.
2. Намудҳои фаъолияте, ки бояд иҷозатнома дошта бошанд, тартиб ва шартҳои иҷозатномадиҳӣ, боздошт, қатъ ва бекор кардани амали иҷозатнома бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи низоми иҷозатдиҳӣ муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 73. Шаҳодатномаи (сертификати) мутахассисони авиатсионӣ, ки аз ҷониби давлати дигар дода шудааст
1. Шаҳодатномаи (сертификати) давлати хориҷӣ, ки ба мутахассисони авиатсионӣ дода шудааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешавад, ба шарте ки онҳо ба стандартҳои муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат намоянд.
2. Эътироф ва тасдиқи шаҳодатномаи (сертификати) мутахассиси авиатсионие, ки давлати хориҷӣ додааст, бо иҷозати дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ба расмият дароварда мешавад. Мутахассиси авиатсионӣ бояд иҷозатномаи мазкурро якҷо бо шаҳодатномаи (сертификати) аз ҷониби давлати дигар додашуда бо худ гардонад.
3. Агар мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ҳуқуқҳои мушаххасро маҳдуд намояд, ҳуқуқҳои мушаххаси дорандаи шаҳодатномаи (сертификати) давлати дигар дар иҷозат нишон дода мешаванд.
4. Муҳлати амали иҷозат бояд аз муҳлати амали худи шаҳодатнома (сертификат) зиёд набошад. Агар шаҳодатнома (сертификат) бекор карда шавад ё боз дошта шавад, иҷозати дар асоси он додашуда эътибори худро гум менамояд.
Моддаи 74. Бекор ё маҳдуд намудани амали шаҳодатнома (сертификат)
1. Шаҳодатнома (сертификат) мутобиқатии дорандаи онро ба намудҳои фаъолияти дар он зикршуда тасдиқ мекунад.
2. Дар сурати пурра ё қисман маҳрум гардидани соҳиби шаҳодатнома (сертификат) аз мутобиқат ба намудҳои фаъолияти дар шаҳодатнома (сертификат) зикршуда, эътибори шаҳодатнома (сертификат) метавонад бекор карда шавад ё аз ҷониби мақомоте, ки шаҳодатнома (сертификат)-ро додааст, ба он маҳдудиятҳо ворид карда шавад.
3. Соҳиби шаҳодатнома (сертификат) ҳуқуқ надорад, ки фаъолияти дар шаҳодатнома (сертификат) зикргардидаро анҷом диҳад, агар ӯ дар бораи маҳрум гардидан аз мутобиқат ба талаботи пешбинигардида оид ба амалисозии чунин фаъолият огоҳ шавад.
4. Саркашии соҳиби шаҳодатнома (сертификат) аз гузаштани санҷиши мақомоти сертификатсиякунанда ё мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ барои бекор кардани шаҳодатномаи (сертификати) додашуда асос мегардад.
5. Нисбат ба амали мақомоти сертификатсиякунанда ё мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 75. Назорати мутобиқатии дорандагони шаҳодатномаҳои (сертификатҳои) додашуда
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ҳангоми амалӣ намудани санҷиши нозиротӣ ҳуқуқ дорад, ки дар ҳолатҳои зерин шаҳодатномаро (сертификатро) бекор намояд:
1) вайрон намудани талабот, меъёр ва қоидаҳои танзимкунандаи истифодаи фазои ҳавоӣ, ки боиси рух додани ҳодисаи авиатсионӣ ё ба вуҷуд омадани таҳдиди бевосита ба бехатарии парвозҳо, ҳаёт ва саломатии одамон гардидааст;
2) ошкор гардидани вайроншавии чандинкаратаи қоидаҳои истифодабарии киштиҳои ҳавоӣ ҳангоми амалисозии ҳуқуқҳое, ки бо ҳамин шаҳодатнома (сертификат) пешбинӣ шудаанд;
3) риоя нагардидани технологияи иҷрои корҳое, ки ба коршоямии парвозии киштии ҳавоӣ таъсир мерасонанд;
4) омодагии касбии нокифояи мутахассисони авиатсионӣ, ки дар рафти сертификатсия ё санҷиши нозиротӣ ошкор гардидааст;
5) як маротиба дағалона ё мунтазам вайрон намудани талаботи муқарраргардида ҳангоми таъмин ва иҷрои парвозҳо, хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ ва хизматрасонии техникӣ.
2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ вобаста ба ҳар як ҳолати дахлдор санҷиш мегузаронад. Мувофиқи натиҷаҳои санҷиш мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ дар бораи бекор намудани шаҳодатнома (сертификат) ё ворид намудани маҳдудиятҳо ба шаҳодатнома (сертификат) қарор қабул мекунад.
БОБИ 10. БЕХАТАРИИ АВИАТСИОНӢ
Моддаи 76. Бехатарии авиатсионӣ
1. Амал (беамалӣ), ки барои фаъолияти бехатар дар соҳаи авиатсия таҳдид намуда, боиси рух додани ҳодисаҳои нохуш, зарари моддӣ, ғасб ё рабудани киштии ҳавоӣ мегардад ё барои ба вуҷуд омадани чунин оқибатҳо замина фароҳам месозад, дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолият дар соҳаи авиатсия маҳсуб меёбад.
2. Бехатарии авиатсионӣ бо роҳҳои зерин таъмин карда мешавад:
1) пешгирӣ намудани воридшавии одамон ва воситаҳои нақлиёти бегона ба минтақаи назоратшавандаи фурудгоҳ ё аэродром;
2) муҳофизати киштиҳои ҳавоӣ дар таваққуфгоҳ бо мақсади пешгирӣ намудани эҳтимолияти воридшавии шахсони бегона ба киштии ҳавоӣ;
3) истисно намудани эҳтимолияти интиқоли ғайриқонунии силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, радиоактивӣ, заҳролудкунанда, зудоташгиранда, ашё ва маводҳои хатарнок тавассути киштии ҳавоӣ ва ҷорӣ кардани чораҳои махсуси эҳтиётӣ ҳангоми додани иҷозат ҷиҳати интиқоли онҳо;
4) гузарондани муоинаи пешазпарвозӣ;
5) маҳдуд кардани имконияти дастрасии ғайриқонунии шахсони бегона ба низоми авиатсионии бесарнишин;
6) татбиқи тадбирҳои муқовимат ба дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти соҳаи авиатсия ва тадбирҳои дигар, аз ҷумла бо иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
3. Бехатарии авиатсионӣ аз ҷониби хадамоти бехатарии авиатсионии аэродромҳо ё фурудгоҳҳо, дастаҳои муҳофизатии ҳарбикунонидашудаи аэродромҳо ё фурудгоҳҳо, хадамоти бехатарии авиатсионии истифодабарандагон (корхонаҳои авиатсионӣ), инчунин мақомоти дахлдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
4. Хадамоти бехатарии авиатсионӣ ҳуқуқ дорад, ки бо тартиби муқарраргардида шахсони вайронкунандаи талаботи бехатарии авиатсионӣ ва инчунин бағоҷ, бор ва муросилоти дорои ашё ва моддаҳои барои интиқоли ҳавоӣ мамнуъро боздошт намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорад. Ҳангоми сар задани таҳдид ба ҳаёт ва саломатии мусофирон, аъзои ҳайати парвозии киштии ҳавоӣ ё шаҳрвандони дигар кормандони хадамоти бехатарии авиатсионӣ ҳуқуқ доранд, ки аз қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон танҳо дар ҳолатҳо ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд.
5. Шахсони мансабдори корхонаҳои авиатсионӣ, ки қабул, гусел ё хизматрасонии киштии ҳавоиро анҷом медиҳанд, инчунин уҳдадоранд ҷиҳати таъмини бехатарии авиатсионӣ тадбирҳо андешанд.
6. Талаботи бехатарии авиатсионӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар соҳаи авиатсия фаъолият менамоянд, бо Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегарданд.
Моддаи 77. Муоинаи пешазпарвозӣ
1. Бо мақсади таъмини бехатарии мусофирон ва аъзои ҳайати парвозӣ бояд киштии ҳавоӣ, захираҳои дохилии он, аъзои ҳайати парвозӣ, мусофирон, бағоҷ, аз ҷумла ашёи бо худ доштаи мусофирон, инчунин бор ва почта мавриди муоинаи ҳатмӣ қарор дода шаванд.
2. Муоинаи пешазпарвозии мусофирон, бағоҷ, аз ҷумла ашёи бо худ доштаи мусофирон дар фурудгоҳ ё дар киштии ҳавоӣ аз ҷониби кормандони ваколатдори хадамоти бехатарии авиатсионӣ гузаронда мешавад. Барои иштирок дар муоинаи пешазпарвозӣ метавонанд кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар нақлиёт ҷалб карда шаванд.
3. Гузарондани муоинаи пешазпарвозӣ эҳтимолияти гузарондани муоинаро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони ваколатдор ҳангоми амалӣ намудани корҳои оперативию ҷустуҷӯӣ, мурофиавию ҷиноятӣ ва фаъолияти дигар истисно намекунад.
4. Муоинаи пешазпарвозии мусофирон ҳангоми иҷрои парвозҳои байналмилалӣ баъд аз ба анҷом расидани назорати сарҳадӣ, гумрукӣ, санитарию карантинӣ, муҳоҷиратӣ, байторӣ, фитосанитарӣ ё дигар намуди назорат гузаронда мешавад.
5. Дар сурати аз муоинаи пешазпарвозӣ саркашӣ кардани мусофири киштии ҳавоӣ шартномаи интиқоли ҳавоии мусофири мазкур қатъшуда ҳисобида мешавад.
6. Тартиби гузарондани муоинаи пешазпарвозӣ тибқи Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
БОБИ 11. РАСОНДАНИ КУМАК БА КИШТИҲОИ ҲАВОИИ БА ФАЛОКАТ ДУЧОРШАВАНДА Ё ДУЧОРШУДА
Моддаи 78. Киштии ҳавоии ба фалокат дучоршаванда ё дучоршуда
1. Киштии ҳавоӣ ба фалокат дучоршаванда эътироф мешавад, агар ба он ё одамони дохили он хатаре таҳдид кунад, ки бо амали ҳайати парвозӣ мустақилона бартараф кардани чунин хатар имконнопазир мебошад ё алоқа бо киштии ҳавоӣ гум шудааст ва ҷои қарордоштаи он номаълум аст.
2. Киштии ҳавоие ба фалокат дучоршуда эътироф мешавад, ки ҳангоми ҳаракати рӯизаминӣ, оғоз ё ҷараёни парвоз, нишаст ё дар натиҷаи суқут зарари ҷиддӣ дидааст ё тамоман вайрон шудааст, инчунин киштии ҳавоие, ки берун аз аэродром нишасти иҷбориро анҷом додааст.
3. Барои расондани кумаки саривақтӣ ба киштиҳои ҳавоии ба фалокат дучоршаванда ё дучоршуда, мусофирон ва ҳайати парвозии онҳо бонгҳои ягонаи фалокат, таъҷилӣ ва огоҳсозӣ аз хатар истифода мешаванд. Номгӯйи воситаҳое, ки дар киштиҳои ҳавоӣ ҷиҳати ирсоли бонгҳои ягонаи фалокат, таъҷилӣ ва огоҳсозӣ аз хатар насб мегарданд, тибқи Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
4. Парвози киштиҳои ҳавоие, ки бо воситаҳои ҷустуҷӯӣ ва садамавӣ-наҷотдиҳӣ ҷиҳозонида нашудаанд, манъ мебошад.
5. Киштиҳои ҳавоии ба фалокат дучоршаванда ё дучоршуда бояд бетаъхир ҷустуҷӯ ва наҷот дода шаванд.
6. Ҷустуҷӯи киштиҳои ҳавоии бесарнишини ба фалокат дучоршуда аз ҷониби соҳибони онҳо ташкил ва амалӣ карда мешавад.
Моддаи 79. Огоҳсозӣ оид ба киштии ҳавоии ба фалокат дучоршаванда ё дучоршуда
1. Сарҳавонаварди киштии ҳавоии ба фалокат дучоршуда ё узви дигари ҳайати парвозӣ бо дастури ӯ бояд фавран ба мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, ки бо он дар алоқа аст ё дигар сохтори хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, ки бо он тамос гирифта метавонад, доир ба вазъияти баамаломада, мақсади минбаъдаи худ ва дар ҳолати зарурат дар хусуси кумаки дархостшаванда огоҳ намояд.
2. Шахсоне, ки шоҳиди фалокати киштии ҳавоӣ шуданд, аз ҷумла аъзои ҳайати парвозӣ ва мусофирон уҳдадоранд дар ин бора фавран ба мақомоти наздиктарини давлатӣ, мақомоти корҳои дохилӣ, корхонаи авиатсионӣ ё ташкилоти наҷотдиҳӣ ва ё намояндагони онҳо хабар диҳанд, то ки онҳо барои фавран огоҳ ва ба корҳои наҷотдиҳии киштии ҳавоӣ сафарбар кардани низоми давлатии ҷустуҷӯию наҷотдиҳӣ тадбирҳо андешанд.
3. Шахсони масъули мақомоти давлатӣ, ки ба низоми давлатии ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ ҷалб гардидаанд, бо гирифтани хабар дар бораи киштии ҳавоии ба фалокат дучоршаванда ё дучоршуда тибқи нақшаи огоҳсозии тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода фавран тамоми мақомот ва ташкилоти дахлдорро хабардор менамоянд.
Моддаи 80. Хабар дар бораи киштиҳои ҳавоии ба фалокат дучоршаванда ё дучоршуда
1. Хабар дар бораи киштиҳои ҳавоии ба фалокат дучоршаванда ё дучоршуда ба хабарҳое дохил мешавад, ки дараҷаи мутлақи афзалиятнокро доро мебошад.
2. Шахсони дорои воситаҳои алоқа уҳдадоранд онҳоро барои ирсоли фаврии хабар дар бораи киштии ҳавоии ба фалокат дучоршаванда ё дучоршуда пешниҳод намоянд ё чунин хабарро фиристанд.
3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки хизматрасонии алоқаро пешниҳод менамоянд, уҳдадоранд ирсоли фаврии хабарро дар бораи киштии ҳавоии ба фалокат дучоршаванда ё дучоршуда бидуни талаби пардохт аз шахси ирсолкунандаи ин хабар таъмин намоянд.
Моддаи 81. Ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳии киштиҳои ҳавоии ба фалокат дучоршаванда ё дучоршуда, мусофирон ва ҳайати парвозии онҳо
1. Ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳии киштиҳои ҳавоии ба фалокат дучоршаванда ё дучоршуда, мусофирон ва аъзои ҳайати парвозии онҳо бо қувваи сохторҳои наҷотдиҳии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, неруҳои мақомоти давлатии ваколатдор дар соҳаи авиатсияи давлатӣ, дастаҳои садамавию наҷотдиҳии аэродромҳо (фурудгоҳҳо) ва мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, ки ба зиммаи онҳо мувофиқи тартиби муқарраргардида ташкил ва нигоҳдории хадамоти ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ вогузор гардидааст, амалӣ карда мешаванд.
2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот уҳдадоранд, ки дар ташкили ҷустуҷӯи киштии ҳавоии ба фалокат дучоршуда ширкат варзанд ва то омадани қувваҳои ҷустуҷӯию наҷотдиҳӣ ҷиҳати наҷот додани одамон, расондани кумаки тиббӣ ё кумакҳои дигар ба онҳо, муҳофизати киштии ҳавоӣ, ҳуҷҷатҳо ва молу мулки дар киштии ҳавоӣ буда тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳуқуқ доранд, ки дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода шахсони ҳуқуқиро, новобаста ба шакли моликияташон, ба корҳои ҷустуҷӯию наҷотдиҳӣ ҷалб намоянд.
3. Корхонаҳои авиатсионии авиатсияи гражданӣ, новобаста ба шакли моликияташон ва инчунин авиатсияи давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба низоми давлатии ҷустуҷӯию наҷотдиҳӣ ҷалб карда шаванд.
4. Тартиби гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ, ҷуброни хароҷоти корҳои мазкур, таъминоти ҷустуҷӯӣ ва садамавию наҷотдиҳии парвози киштиҳои ҳавоиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
5. Иҷрои корҳои садамавӣ-наҷотдиҳӣ дар аэродром ва дар ҳудуди наздиаэродромӣ, инчунин тахлияи киштии ҳавоии ба фалокат дучоршуда аз маҳали фалокат аз ҳисоби истифодабаранда (соҳибмулк)-и киштии ҳавоии ба фалокат дучоршуда анҷом дода мешавад.
6. Ба ҷои дигар кӯчонидани киштии ҳавоии ба фалокат дучоршуда ё қисмҳои он, ки барои иҷро ва идомаи кори муътадили нақлиёт монеъ мешаванд, бо қарори роҳбари корҳои наҷотдиҳӣ бо шарти ҳатман тавассути аксбардорӣ ё ба таври дигар муқаррар кардани ҷойгиршавӣ ва ҳолати умумии онҳо иҷозат дода мешавад.
7. Ба мусофирон ва ҳайати парвозии киштиҳои ҳавоии хориҷии ба фалокат дучоршаванда ё дучоршуда бо ҳамон шартҳое, ки барои мусофирон ва ҳайати парвозии киштиҳои ҳавоии ба фалокат дучоршаванда ё дучоршудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, кумак расонда мешавад.
Моддаи 82. Қатъ намудани ҷустуҷӯи киштии ҳавоии ба фалокат дучоршуда, мусофирон ва ҳайати парвозии он
1. Агар тамоми чораҳои андешидашуда оид ба ҷустуҷӯи киштии ҳавоии ба фалокат дучоршуда, мусофирон ва аъзои ҳайати парвозии он ягон натиҷа надиҳад, роҳбарияти мақоми ваколатдори давлатии дахлдор, ки бақайдгирии давлатии киштии ҳавоиро анҷом додааст, дар мувофиқа бо роҳбари корҳои ҷустуҷӯию наҷотдиҳӣ дар бораи қатъ кардани ҷустуҷӯи минбаъдаи он қарор қабул менамояд.
2. Қарор дар бораи қатъ кардани ҷустуҷӯи киштии ҳавоии давлатии ба фалокат дучоршудаи давлати хориҷӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ ва қарор дар бораи киштии ҳавоии граждании ба фалокат дучоршудаи давлати хориҷӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори ваколатдори давлатии давлати хориҷӣ қабул карда мешавад.
3. Киштии ҳавоии ба фалокат дучоршуда, ки ҷустуҷӯи он расман қатъ гардида, маҳали ҷойгиршавии пораҳои он муайян карда нашудааст, бедарак ғайбзада ҳисобида мешавад.
4. Бедарак ғоибшуда ё фавтида эътироф гардидани аъзои ҳайати парвозӣ ва мусофирони киштии ҳавоии бедарак ғайбзада тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 83. Таъмини омодагии сафарбарӣ ва ҷалби киштиҳои ҳавоии гражданӣ дар ҳолатҳои фавқулода ё дар замони ҷанг
1. Ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти иҷтимоӣ, табиӣ ё техногенӣ, инчунин дар замони ҷанг ва (ё) ҳангоми ҷорӣ гардидани вазъияти ҳарбӣ ё фавқулода мақомоти давлатӣ ҳуқуқ доранд, ки киштиҳои ҳавоии гражданиро барои иҷрои корҳои вобаста ба рафъи оқибатҳои ин ҳолатҳо, бо ҷуброни минбаъдаи хароҷот, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намоянд.
2. Муносибатҳое, ки бо таъмини омодагии сафарбарии киштиҳои ҳавоии гражданӣ, татбиқи чорабиниҳо оид ба мудофиаи гражданӣ ва корҳои садамавию наҷотдиҳӣ, рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти иҷтимоӣ, табиӣ ё техногенӣ, инчунин дар давраи ҷанг ва (ё) ҷорӣ гардидани вазъияти ҳарбӣ ё фавқулода алоқаманд мебошанд, бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
Моддаи 84. Ҳамкории байналмилалӣ доир ба ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳии киштиҳои ҳавоии ба фалокат дучоршаванда ё дучоршуда
1. Ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳии киштии ҳавоии ба фалокат дучоршаванда ё дучоршуда, мусофирон ва аъзои ҳайати парвозии он дар ҳудуди давлати хориҷӣ бо риояи асосҳо ва меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
2. Бо мақсади такмили фаъолият, тезонидани амалиётҳои ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсоя, расондани кумаки саривақтӣ ба киштиҳои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ, инчунин киштиҳои ҳавоии хориҷии берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фалокат дучоршаванда ё дучоршуда мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти дахлдори ваколатдори давлатҳои хориҷӣ ҳамкории байналмилалиро амалӣ менамоянд.
3. Мақомоти дар қисми 2 моддаи мазкур зикргардида дар доираи ваколатҳои худ таҳия, тасдиқ ва татбиқи расмиёти заруриро оид ба ҳамкорӣ ва чорабиниҳои муштарак бо мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ ҷиҳати сода намудани расмиёт ҳангоми пайдо шудани зарурати иштироки дастаҳои хориҷӣ ё миллии ҷустуҷӯию наҷотдиҳиро барои расондани кумак ба киштиҳои ҳавоии дар ҳудуди давлати дигар ба фалокат дучоршуда таъмин менамоянд.
БОБИ 12. ТАҲҚИҚИ ФАЛОКАТ Ё ҲОДИСАИ АВИАТСИОНӢ
Моддаи 85. Фалокат ва ҳодисаи авиатсионӣ
1. Фалокати авиатсионӣ ҳодисаи бо истифодаи киштии ҳавоӣ алоқаманде мебошад, ки дар ҳолати идора шудани киштии ҳавоӣ, аз лаҳзаи бо мақсади парвоз ба киштии ҳавоӣ савор шудани ягон шахс то лаҳзаи киштии ҳавоиро тарк намудани ҳамаи шахсони дар он ҳузурдошта ё дар ҳолати киштиҳои ҳавоии бесарнишин, аз лаҳзаи омода будани киштии ҳавоӣ ба парвоз то лаҳзаи бозистодани он дар анҷоми парвоз ва хомӯш кардани муҳаррики асосӣ ва дар рафти он:
1) ягон шахс ҷароҳати ҷисмонӣ мебардорад ва бар асари он дар тули 30 рӯзи баъди ҳодиса бо сабабҳои зерин мефавтад:
а) ҳузур доштан дар киштии ҳавоии мазкур;
б) бархӯрди бевосита бо ягон қисми киштии ҳавоӣ, аз ҷумла қисмҳои аз киштии ҳавоӣ ҷудошуда;
в) таъсири бевоситаи ҷараёни газҳои муҳаррики реактивӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки зарари ҷисмонӣ сабабҳои табиӣ дошта, аз ҷониби худи шахс ё аз ҷониби шахсони дигар расонда шудааст, ё осебҳои ҷисмонӣ ба мусофирони бе чиптае расонда шуда бошанд, ки берун аз минтақаҳои барои ворид шудани мусофирону аъзои ҳайати парвозӣ кушода пинҳон шудаанд;
2) киштии ҳавоӣ зарар мебинад ё тахриби конструксияи он ба амал меояд, ки дар натиҷа:
а) мустаҳкамии конструксия вайрон гардида, нишондиҳандаҳои техникӣ ё парвозии киштии ҳавоӣ бад мешаванд;
б) таъмири пурраи киштии ҳавоӣ ё ивази унсури вайроншудаи онро тақозо менамояд, ба истиснои ҳолатҳои аз кор мондан ё вайрон шудани муҳаррик, вақте ки танҳо як муҳаррик, параҳои ҳавоӣ, болҳо, антеннаҳо, датчикҳо, белчаҳо, пневматикаҳо, воситаҳои бозистӣ, чархҳо, обтекателҳо, панелҳо, паллаҳои чархҳо, шишаҳои пеш, қабати болои киштии ҳавоӣ вайрон шудаанд ё параҳои ротори асосӣ, параҳои ротори қафо, чархҳо зарари ночиз бардоштаанд ва ё зараре, ки дар натиҷаи бориши жола ё бархӯрд бо парандагон ба амал омадааст (аз ҷумла сӯрохиҳо дар обтекатели антеннаи радиолокатор);
3) киштии ҳавоӣ бедарак ғайб мезанад ё дар ҷое қарор мегирад, ки дастрасӣ ба он комилан имконнопазир аст.
2. Ҳама гуна рӯйдод, ба истиснои фалокати авиатсионӣ, ки бо истифодаи киштии ҳавоӣ алоқаманд буда, ба бехатарии истифодабарии он таъсир мерасонад ё таъсир расонда метавонад, ҳодисаи авиатсионӣ ҳисобида мешавад.
Моддаи 86. Мақсад ва тартиби гузарондани таҳқиқи фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ
1. Фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ бо киштии ҳавоии давлатӣ ё граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ё киштии ҳавоии давлати хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман бояд таҳқиқ карда шавад.
2. Мақсади таҳқиқи фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ муайян намудани сабабҳои фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ ва андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии сар назадани онҳо дар оянда мебошад.
3. Гузарондани таҳқиқ, тасниф ва баҳисобгирии фалокат ё ҳодисаҳои авиатсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.
Моддаи 87. Комиссия оид ба таҳқиқи фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ ва ваколатҳои он
1. Таҳқиқи фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ аз ҷониби комиссия анҷом дода мешавад. Мақсади таҳқиқи комиссияи мазкур муайян намудани гуноҳ ё масъулияти ягон шахс намебошад.
2. Комиссия оид ба таҳқиқи фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ ҳуқуқ дорад:
1) ҷиҳати муайян намудани ҳолатҳои рӯйдоди фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ бе мамоният ба киштии ҳавоии ба фалокат дучоршуда дохил шавад;
2) муоинаи киштии ҳавоии ба фалокат дучоршуда, қисмҳои таркибии он, молу мулки дар киштии ҳавоии мазкур мавҷудбуда, новобаста ба мансубияти ин молу мулк, инчунин воситаю иншооти таъминкунандаи парвози киштиҳои ҳавоиро гузаронад;
3) ба шахсони ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликияташон, гузарондани таҳқиқот ва корҳоро вобаста ба таҳқиқи фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ супориш диҳад;
4) барои ҳалли масъалаҳое, ки дониши махсуси илмию техникиро талаб мекунанд, кормандони ташкилоти дахлдорро, новобаста ба шакли моликият, ҷалб намояд;
5) шоҳидони фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ ва шахсони бо фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ алоқамандро пурсиш кунад, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълумоти заруриро гирад;
6) ҳамаи масъалаҳои истифодабарӣ ва таъмири киштии ҳавоии ба фалокат дучоршуда, омода намудани шахсон аз ҳисоби мутахассисони авиатсионӣ, ташкили ҳаракати ҳавоӣ, иҷро ва таъмини парвозҳои ҳавоиро омӯзад;
7) аз мақомоти дахлдори иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин аз шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ҳуҷҷату маводро оид ба масъалаҳое, ки ба фалокат ё ҳодисаи авиатсионии мазкур иртибот доранд, талаб намояд;
8) вобаста ба ҳолати ҷисмонию равонии аъзои ҳайати парвозии ба фалокат дучоршуда, инчунин шахсони дахлдор, аз қабили ҳайати мутахассисони авиатсионӣ таҳқиқот гузаронад.
3. Комиссия оид ба таҳқиқи фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ уҳдадор аст ҷиҳати роҳ надодан ба истифода ё интишори беиҷозати маълумот оид ба таҳқиқи фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ тадбирҳо андешад.
Моддаи 88. Ҳифзи далелҳои шайъӣ то таҳқиқи фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ
1. Аъзои ҳайати парвозии киштии ҳавоии ба фалокат дучоршуда, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, сардорони зерсохторҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ то омадани комиссия оид ба таҳқиқи фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ бояд барои таъмини нигоҳдории киштии ҳавоии ба фалокат дучоршуда, қисмҳои таркибӣ ва пораҳои он, воситаҳои назорати объективонаи дохили киштии ҳавоӣ ва рӯизаминӣ, ашёҳои дохили киштии ҳавоӣ ва инчунин ҳуҷҷатҳое, ки ба истифодабарию таъмири киштии ҳавоии мазкур ва таъмини парвози он мансубанд, тамоми тадбирҳои заруриро андешанд.
2. Ҳифзи далелҳои шайъӣ бо роҳи аксбардорӣ ё бо воситаҳои дигари дахлдори ҳама гуна далелҳои шайъӣ, ки метавонанд гирифта, вайрон, гум ё нобуд шаванд, анҷом дода мешавад.
3. Ба барқасдона пинҳон намудани фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ, маълумот дар бораи онҳо, инчунин таҳрифи иттилоот, вайрон ё нобуд намудани воситаҳои назорати объективонаи дохиликиштӣ ва рӯизаминӣ, маводҳои дигари бо фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ алоқаманд роҳ дода намешавад.
Моддаи 89. Таъмини кор дар ҷойи фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ
1. Корҳое, ки дар ҷойи фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ бо мақсади таҳқиқи фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ анҷом дода мешаванд, бо корҳо оид ба бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода баробар дониста мешаванд.
2. Мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ уҳдадоранд ба комиссияи таҳқиқи фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ мусоидат намоянд, аз ҷумла қувваю воситаҳои заруриро ба ихтиёри комиссияи мазкур супоранд, оид ба муҳофизати ҷойи рӯйдоди фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ, муҳайё кардани шароити бехатари кор дар ҷои фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3. Хароҷот вобаста ба таъмини кори комиссия оид ба таҳқиқи фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷуброни суғуртавии корхонаҳои авиатсионӣ маблағгузорӣ мегардад.
Моддаи 90. Фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ бо киштии ҳавоии хориҷӣ
1. Ҳангоми дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рух додани фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ бо киштии ҳавоии хориҷӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи давлати бақайдгиранда, давлати таҳиякунанда, давлати истеҳсолкунанда ва давлати истифодабарандаи ин киштии ҳавоӣ, инчунин давлатҳоеро, ки шаҳрвандони онҳо дар дохили он ҳузур доштанд, огоҳ менамояд.
2. Намояндагони ваколатдори давлатҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур зикр гардидаанд, барои иштирок дар кори комиссия оид ба таҳқиқи фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ роҳ дода мешаванд.
БОБИ 13. ИНТИҚОЛИ ҲАВОӢ
Моддаи 91. Намудҳои интиқоли ҳавоӣ
Интиқоли ҳавоӣ аз рӯи хусусиятҳои зерин муайян карда мешавад:
1) аз рӯи намуди алоқа: дохилӣ ва байналмилалӣ;
2) аз рӯи объектҳои интиқол: мусофирон, бағоҷ, бор ва почта;
3) аз рӯи хусусияти муносибатҳо: тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ;
4) аз рӯи хусусияти парвозҳо: мунтазам, номунтазам, фармоишӣ;
5) корҳои авиатсионӣ.
Моддаи 92. Қоидаҳои интиқоли ҳавоӣ
Интиқолдиҳандагон уҳдадоранд ҳангоми иҷрои интиқоли ҳавоӣ қоидаҳои интиқоли ҳавоии мусофирон, бағоҷ, бор ва почта, талабот оид ба хизматрасонии мусофирон, боринтиқолдиҳандагон ва борқабулкунандагонро, ки тибқи Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд, риоя намоянд.
Моддаи 93. Шартномаи интиқоли ҳавоӣ
1. Ҳангоми амалӣ намудани интиқоли мунтазам тавассути нақлиёти ҳавоӣ шартномаи интиқоли ҳавоӣ оммавӣ ҳисобида мешавад. Ҷадвали интиқоли мунтазам, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ тасдиқ шудааст, қисми ҷудонашавандаи шартномаи интиқоли ҳавоӣ мебошад.
2. Интиқоли фармоишӣ дар асоси шартномаи интиқоли ҳавоӣ, ки байни интиқолдиҳанда ва фармоишгар дар шакли хаттӣ баста шудааст, амалӣ карда мешавад. Фармоишгари интиқол шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ буда метавонад.
3. Шартномаи интиқоли ҳавоӣ маълумоти заруриро дар бораи интиқол, аз ҷумла навъи киштии ҳавоӣ, хатсайр, муҳлат, шартҳо, хусусияти интиқол ва арзиши он дар бар мегирад.
4. Шартномаи интиқоли ҳавоӣ ҳангоми амалӣ намудани парвозҳои мунтазами фармоишӣ метавонад ба муҳлати муайян ё номуайян баста шавад.
5. Тибқи шартҳои шартномаи интиқоли ҳавоӣ интиқолдиҳанда уҳдадор аст бағоҷ, бор ё почтаи мусофирро ба ҷойи таъиншуда расонад.
6. Дар шартномаи (чиптаи) интиқоли ҳавоии мусофир шартҳои баргардондан ё барнагардондани маблағи пардохти интиқол зикр карда мешаванд.
7. Бастани шартномаи интиқоли ҳавоии мусофир ё бағоҷ бо чипта ва расиди бағоҷ (бирка), ки дар ҳолатҳои дахлдор ба мусофир дода мешаванд, тасдиқ карда мешавад. Бастани шартномаи интиқоли ҳавоии бор ва (ё) почта бо борхатҳои авиатсионӣ (молию нақлиётӣ) ва почта, ки дар Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, тасдиқ карда мешавад.
8. Дар шакли электронӣ (ҳуҷҷати интиқоли электронӣ) бастани шартномаи интиқоли ҳавоӣ, инчунин барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои интиқол, ки дар қисми 7 моддаи мазкур зикр шудаанд, иҷозат дода мешавад. Дар чунин ҳолатҳо бо талаби мусофир, боринтиқолдиҳанда ё шахсони аз ҷониби онҳо ваколатдоргардида, интиқолдиҳанда ё шахси дар асоси шартнома бо интиқолдиҳанда амалкунанда уҳдадоранд ба онҳо иқтибос оид ба шартҳои шартномаи интиқоли ҳавоӣ ё ҳуҷҷатҳои дахлдори дигарро диҳанд.
9. Корхонаҳои авиатсионӣ уҳдадоранд баҳисобгирии интиқоли ҳавоӣ, феҳристи ҳуҷҷатҳои интиқол (аз ҷумла феҳристи ҳуҷҷатҳои электронии интиқол)-ро ба роҳ монанд. Феҳристи ҳуҷҷатҳои интиқол бояд маълумотро оид ба интиқоли ҳавоӣ, хатсайрҳои интиқол бо нишон додани нуқтаҳои ирсол ва таъинот дар бар гирад.
10. Низомҳои худкори иттилоотие, ки ҳангоми хизматрасонии интиқоли ҳавоӣ истифода мешаванд ва барои пешниҳоди иттилоот дар бораи ҷадвали парвозҳо, мавҷудияти ҷойҳо, арзиши интиқол, хизматрасонии интиқолдиҳандагон, инчунин барои брон намудан ва ба расмият даровардани чиптаҳо таъин шудаанд, бояд таъмин намоянд:
1) шаффофият ва имкониятҳои баробари операторони чунин низомҳо;
2) имконияти интихоби хизматрасониҳо оид ба интиқоли ҳавоӣ.
11. Ба низоми худкори иттилоотии хизматрасонии интиқоли ҳавоӣ дохил мешаванд:
1) низоми идораи ирсоли мусофирон ва бағоҷ дар фурудгоҳҳо;
2) низоме, ки барои анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳо байни интиқолдиҳандагон ва субъектҳое, ки хизматрасониро оид ба фурӯши интиқоли ҳавоӣ пешниҳод менамоянд, истифода мешавад;
3) низоми брон намудан, ки барои бронкунӣ ва фурӯши интиқоли ҳавоӣ истифода мешавад;
4) низоми идоракунии равандҳои технологӣ дар фурудгоҳҳо.
12. Таҳиякунанда ё истифодабарандаи низомҳои дар қисми 11 моддаи мазкур зикргардида уҳдадоранд махфияти маълумоти шахсиро таъмин намоянд ва бидуни розигии шахси манфиатдор иттилоотро коркард ё дастраси дигарон накунанд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 94. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мусофирони киштии ҳавоӣ
1. Мусофири киштии ҳавоӣ ҳуқуқ дорад:
1) бо шартҳои интиқол ва хизматрасониҳои бо он алоқаманд шинос шавад ва доир ба онҳо маълумоти заруриро гирад;
2) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои муқарраргардидаи интиқоли ҳавоӣ бо шартҳои ройгон ва имтиёзнок парвоз намояд;
3) як нафар кӯдаки синни то 3-соларо тариқи ройгон, бе ҷудо гардидани ҷойи алоҳида, бо худ гирад. Кӯдакони дигари синни аз 3 то 12 - сола бо тарофаи имтиёзнок, ки на бештар аз 50 фоизи нархи чиптаро ташкил медиҳад, бо пешниҳоди ҷойҳои алоҳида барои онҳо интиқол дода мешаванд;
4) бағоҷи худро дар ҳудуди меъёри муқаррарнамудаи интиқолдиҳанда ройгон интиқол диҳад;
5) бори дастиро, ки вазни он аз андозаи муқаррарнамудаи интиқолдиҳанда барои ин навъи киштии ҳавоӣ зиёд набошад, ройгон интиқол диҳад;
6) дар ҳолати тағйир ёфтани дараҷаи хизматрасонӣ ё иваз шудани навъи киштии ҳавоӣ бо чиптаи қаблан харидашуда бе пардохти иловагӣ ё аз ҷониби интиқолдиҳанда баргардонда шудани фарқияти арзиши чипта, агар арзиши парвоз аз пардохти амалишуда камтар бошад, парвоз намояд;
7) пеш аз оғози интиқол аз парвоз даст кашад;
8) ҳангоми зарурат арзиши бағоҷи барои интиқол супоридашавандаро эълон кунад;
9) дар ҳолати бо гуноҳи интиқолдиҳанда танаффуси интиқоли ҳавоӣ ё ҳангоми иҷборан ба таъхир гузоштани парвози киштии ҳавоӣ аз хизматрасониҳои ҳуҷраҳои модару кӯдак, инчунин аз ҷойи хоб дар меҳмонхона ройгон истифода барад;
10) ҷуброни зарари ба ҳаёт, саломатӣ ё молу мулки ӯ бо гуноҳи интиқолдиҳанда расондашударо талаб намояд;
11) дорои ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
2. Мусофири киштии ҳавоӣ уҳдадор аст:
1) сари вақт ва пурра арзиши интиқолро пардохт намояд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад;
2) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро бо худ дошта бошад;
3) чипта, расиди бағоҷ (бирка) ё ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳоро бо худ дошта бошад ва онҳоро то охири парвоз нигоҳ дорад;
4) ҳангоми парвозҳои байналмилалӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро барои убури сарҳад ва интиқоли бағоҷ тавассути сарҳад дошта бошад ва бо дархости мақомоти дахлдор онҳоро пешниҳод намояд;
5) дар вақти парвоз, инчунин ҳангоми савор шудан ва фаромадан ба (аз) киштии ҳавоӣ расмиёту қоидаҳои муқарраргардидаро риоя намояд;
6) ҳангоми дар дохили киштии ҳавоӣ ҳузур доштан супоришҳои қонунии сарҳавонавард ва ҳайати парвозии киштии ҳавоиро иҷро намояд;
7) арзиши интиқоли бағоҷи аз меъёри муқарраргардида барзиёд, инчунин хизматрасониҳоро вобаста ба интиқоли бағоҷ бо арзиши эълоншуда пардохт намояд, агар дар шартномаи интиқол тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад;
8) бо мақсади таъмини бехатарии авиатсионӣ талаботи муқарраргардидаро дар фурудгоҳҳо ва киштии ҳавоӣ, инчунин расмиёти назорати сарҳадӣ, гумрукӣ, санитарӣ ва намудҳои дигари назорати муқаррарнамудаи давлати қабулкунандаро риоя намояд;
9) уҳдадориҳои дигари пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намояд.
Моддаи 95. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои интиқолдиҳанда
1. Интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад:
1) аз мусофир риояи талаботи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, қоидаҳои интиқоли ҳавоӣ ва ҳангоми амалӣ намудани интиқоли ҳавоии байналмилалӣ инчунин қоидаҳои гумрукӣ, сарҳадӣ ва қоидаҳои дигари аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатҳои парвоз, таъинот ё транзит муқарраргардидаро талаб намояд ва дар сурати аз ҷониби мусофир риоя нагардидани ин талабот аз интиқоли ӯ даст кашад (шартномаи интиқолро бекор намояд);
2) ҳангоми амалӣ намудани интиқоли ҳавоӣ талаботи худро, аз ҷумла меъёрҳои интиқоли бағоҷ, бори дастӣ (ройгон, бе бағоҷ, калонвазн, андоза ё миқдори зиёд), ки набояд ба қоидаҳои умумии интиқоли ҳавоӣ мухолиф бошанд ва сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон, боринтиқолдиҳанда, борқабулкунандагонро бадтар кунанд, муқаррар намояд. Дар баробари ин, агар меъёри интиқоли ройгони бағоҷ пешбинӣ гардида бошад, он набояд аз 20 килограмм ва барои бори дастӣ набояд аз 5 килограмм барои як нафар мусофир кам бошад;
3) бори дастӣ ва бағоҷи мусофирро барои интиқол қабул накунад, агар дар дохили киштии ҳавоӣ ҷойгиронии онҳо ба ҳаракати озоди мусофирони дигар халал расонад;
4) дар ҳолатҳои зерин ба мусофир (боринтиқолдиҳанда) интиқолро рад намояд:
а) барои вайрон намудани қоидаҳои рафтор дар дохили киштии ҳавоӣ, ки ба бехатарии парвоз ё ба ҳаёт ва саломатии шахсони дигар таҳдид мекунад, инчунин барои аз ҷониби мусофир иҷро нагардидани амри сарҳавонаварди киштии ҳавоӣ;
б) ҳангоми аз ҷониби мусофир рад намудани пардохти маблағи интиқоли бағоҷи худ, ки вазни он аз меъёри барои интиқоли ройгони бағоҷ муқарраргардида зиёд аст;
в) ҳангоми дар ашё, бағоҷ ё бор дарёфт шудани ашё ё моддаҳое, ки интиқолашон манъ мебошад;
г) агар вазъи саломатии мусофири киштии ҳавоӣ, ки бо ҳуҷҷатҳои тиббӣ тасдиқ меёбад, шароити махсуси интиқоли ҳавоиро тақозо намояд ё ба бехатарии худи мусофир ё шахсони дигар таҳдид кунад ё барои мусофирони дигар нороҳатии ҷиддӣ эҷод намояд;
5) ҳангоми ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо зимни амалӣ намудани интиқоли ҳавоӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намояд;
6) оид ба баланд бардоштани масъулияти худ дар муқоиса бо меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, шартномаҳо бандад;
7) дорои ҳуқуқҳои дигари муқаррарнамудаи қоидаҳои интиқоли ҳавоӣ бошад.
2. Уҳдадориҳои интиқолдиҳанда:
1) талаботи Кодекси мазкур, қоидаҳои умумии интиқоли ҳавоӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд;
2) мусофирро, аз ҷумла ба воситаи шахсони сеюм дар бораи шартҳои шартномаи интиқоли ҳавоӣ ва хизматрасониҳои бо он алоқаманд, ки интиқолдиҳанда пешниҳод менамояд, огоҳ намояд;
3) интиқоли мусофирон ва бағоҷро дар ҳаҷм ва бо шартҳое, ки дар шартномаи интиқол пешбинӣ шудаанд, анҷом диҳад;
4) коршоямии ҳолати техникии киштиҳои ҳавоиро таъмин намуда, тадбирҳои муқарраргардидаи бехатарии авиатсионӣ, аз ҷумла таъмини ҳифзи киштии ҳавоӣ дар вақти танаффусҳои байни парвозҳоро риоя намояд;
5) ба киштии ҳавоӣ савор кардан ва аз он фаровардани мусофиронро танҳо дар таваққуфгоҳ, перрон ва терминалҳои мусофиркашии ба таври дахлдор таҷҳизонидашуда ва аломатгузоришуда анҷом диҳад;
6) тарофаҳои эълонгардидаи интиқоли мусофирон ва бағоҷро эълон ва риоя намояд, дар шартномаи интиқол, чипта ва расиди бағоҷ тарофаро дарҷ намояд, мусофиронро аз тағйирёбии минбаъдаи тарофаҳо пешакӣ огоҳ созад;
7) фурӯши чиптаҳо ва расидҳои бағоҷро бо шартҳои барои ҳамаи мусофирон, аз ҷумла мусофирони маъюб дастрас таъмин намояд;
8) ба мусофир арзиши бағоҷи бо гуноҳи ӯ гумшударо дар ҳаҷми муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва қоидаҳои интиқоли ҳавоӣ баргардонад;
9) дар сурати аз парвоз даст кашидани мусофир маблағи пардохтшударо тибқи шартҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва шартномаи интиқоли ҳавоӣ ба ӯ баргардонад;
10) ҳангоми имконнопазирии амалӣ намудани интиқоли ҳавоии мусофир ва бағоҷ бо киштии ҳавоии қаблан эълоншуда дар муҳлатҳои дар шартномаи интиқол ё қоидаҳои интиқоли ҳавоӣ пешбинишуда, киштии ҳавоии дигарро, агар арзиши интиқол дар киштии ҳавоии пешниҳодшуда баланд бошад, бе талаби пардохти иловагӣ аз мусофир, пешниҳод намояд ва агар арзиши интиқол дар он пасттар бошад, ба мусофир фарқияти маблағро ҷуброн намояд;
11) суғуртаи масъулияти худро барои расондани зарари эҳтимолӣ ба мусофирон ва шахсони сеюм ҳангоми амалӣ намудани интиқоли ҳавоӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, таъмин ва зарари расондашударо ҷуброн намояд.
12) расондани кумаки аввалияи тиббиро ба мусофирон ташкил кунад;
13) вобаста ба дараҷаи хизматрасонӣ ва муҳлати парвоз мусофирро бо хӯрок дар дохили киштии ҳавоӣ таъмин намояд;
14) уҳдадориҳои дигари муқаррарнамудаи қоидаҳои интиқоли ҳавоиро иҷро намояд.
Моддаи 96. Хусусиятҳои интиқоли шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд
1. Интиқоли шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ карда мешавад.
2. Ҳангоми бастани шартномаи интиқоли ҳавоӣ мусофири дорои имкониятҳои маҳдуд уҳдадор аст интиқолдиҳанда ё шахси ваколатдори ӯ, ки фурӯш ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои интиқолро амалӣ менамояд, дар бораи хизматрасониҳои иловагии зарурӣ ба ӯ огоҳ намояд.
3. Мусофири дорои имконияти маҳдуд ҳуқуқ дорад:
1) дар мувофиқа бо интиқолдиҳанда барои ҳамроҳӣ намудан то назди киштии ҳавоӣ, савор шудан ва фуруд омадан аз он кумак гирад;
2) аз хизматрасониҳои иловагии фурудгоҳ, ки барои хизматрасонӣ ба ин гурӯҳи мусофирон пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла таҷҳизоти махсуси борбардор ҳангоми ҷойивазкунӣ, ҷойгиронӣ ва додани бағоҷу бори дастӣ истифода намояд;
3) ҳангоми зарурати интиқол бо шахси ҳамроҳикунанда имконияти интиқол ва хизматрасонии муштарак дошта бошад;
4) ҳангоми мавҷуд будани ҳуҷҷати махсус саг-роҳбалад, аробачаи маъюбии инфиродӣ ва воситаҳои дигари техникии эҳёкуниро бе пардохти иловагӣ интиқол диҳад.
Моддаи 97. Қатъи амали шартномаи интиқоли ҳавоӣ
1. Ҳангоми аз парвоз даст кашидани мусофир ва дар ин бора на дертар аз 24 соат пеш аз парвози киштии ҳавоӣ огоҳонидани интиқолдиҳанда, агар тибқи қоидаҳои интиқоли ҳавоии муқарраркардаи интиқолдиҳанда муҳлати имтиёзнок муайян нагардида бошад, мусофир ҳуқуқ дорад маблағи барои интиқоли ҳавоӣ пардохт намудаашро, бо нигоҳ доштани хароҷоти воқеии интиқолдиҳанда, ки вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои шартномаи интиқоли ҳавоӣ сарф карда шудааст, бозпас гирад.
2. Ҳангоми аз парвоз даст кашидани мусофири киштии ҳавоӣ дертар аз муҳлати зикргардида, ӯ ҳуқуқ дорад маблағи барои интиқоли ҳавоӣ пардохт намудаашро бо нигоҳ доштани маблағи ҷарима, ки ҳаҷми он наметавонад аз 10 фоизи маблағи барои интиқол пардохтшуда зиёд бошад, барои фоидаи аз дастдодаи интиқолдиҳанда, аз ҷумла хароҷоти воқеии интиқолдиҳанда, ки вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои шартномаи интиқоли ҳавоӣ сарф карда шудааст, бозпас гирад.
3. Номгӯйи хароҷоти интиқолдиҳанда, ки барои нигоҳ доштан аз мусофир вобаста ба иҷрои уҳдадориҳо оид ба шартномаи интиқоли ҳавоӣ ҳангоми даст кашидан аз парвоз ба инобат гирифта мешаванд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ муайян карда мешавад.
4. Дар ҳолати аз интиқоли ҳавоӣ ноилоҷ даст кашидани мусофир бо сабаби бемории ӯ ё хешовандони наздики мусофир ё шахси дигари ӯро дар киштии ҳавоӣ ҳамроҳикунанда, ки бо ҳуҷҷатҳои тиббӣ тасдиқ мегардад ё бинобар вафоти ӯ ё хешовандони наздики мусофир ё шахси дигари ӯро дар киштии ҳавоӣ ҳамроҳикунанда, ки бо ҳуҷҷати дахлдор тасдиқ шудааст, бо огоҳонидани интиқолдиҳанда дар ин бора ё бинобар ба таъхир гузоштани парвози киштии ҳавоӣ ё дигар амали (беамалии) интиқолдиҳанда, ки боиси иҷро нагардидан ё ба таври номатлуб иҷро гардидани уҳдадориҳо аз рӯи шартномаи интиқоли ҳавоӣ мегардад, ба мусофир маблағи пардохтшудаи интиқол, аз ҷумла маблағи пардохти бебозгашт пурра баргардонда мешавад.
5. Барои мақсадҳои пешбининамудаи қисми 4 моддаи мазкур таҳти мафҳуми хешовандони наздик – падару модар, ҳамсар, фарзандон, фарзандхондагон, фарзандхондашудагон, бародарон ва хоҳарон, бобо, бибӣ ва набера фаҳмида мешаванд.
6. Ҳангоми бо ташаббуси интиқолдиҳанда қатъ гардидани амали шартномаи интиқоли ҳавоӣ дар робита ба амалҳои мусофир, ки дар зербанди а) банди 4 қисми 1 моддаи 95 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, маблағи барои интиқоли ҳавоӣ пардохтшуда ба мусофир баргардонда намешавад.
Моддаи 98. Қоидаҳои ташаккули тарофаҳо ва хироҷ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ
1. Қоидаҳои ташаккули тарофаҳо, ситонидани хироҷ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, инчунин қоидаҳои додани борхатҳои авиатсионӣ (молию нақлиётӣ) ва ҳуҷҷатҳои дигари интиқол аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ муқаррар карда мешаванд.
2. Тарофаҳои хизматрасониҳои ба соҳаи инҳисории табиӣ марбутбуда дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва меъёрҳои нархи ин хизматрасониҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 99. Қабули бор дар нуқтаи таъинот
1. Интиқолдиҳанда ё шахси ваколатдори ӯ уҳдадор аст борқабулкунандаро дар бораи омадани бор дар муҳлати муқаррарнамудаи шартномаи интиқоли ҳавоӣ ого