ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort descending Ҳолат Замима
Конститутсия 1 КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАЪЙПУРСИИ УМУМИХАЛҚӢ Амалкунанда Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort descending Ҳолат Замима
Қонун 184 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИҶОРА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии ҶТ 06.12.1990 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort descending Ҳолат Замима
ҚОНУН 378 ДАР БОРАИ ТАҒЙИР ДОДАНИ НОМИ ҶУМҲУРИИ ШӮРАВИИ СОЦИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31.08.1991 Амалкунанда Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon ZIP

Март 2023

-A A +A

РӮЗИ МОДАР МУБОРАК

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Ҷум, 03/03/2023 - 13:41
  Роҳбарият ва кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ модарону бонувони кишвари азизамонро ба шарафи иди фархунда - Рўзи Модар бо камоли меҳру муҳаббат ва самимияти афзун муборакбод намуда, барои ҳамагон саломатӣ ва хотири ҷамъ таманно менамоянд!

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Пшб, 09/03/2023 - 12:00
     9 марти соли 2023 дар Маркази миллии қонунугузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзуҳои шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сири давлатӣ” ва масъалаҳои “Таъмини амнияти иттилоотӣ” баргузор гардид.
    Зимни баргузории семинар роҳбарият ва кормадони Марказ оид ба шарҳи мавзуҳои болозикр фикру андешаҳои худро иброз намуданд.
 

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

СОАТИ ДАРСӢ (МАСТЕР КЛАСС) ОИД БА ҚОИДАҲОИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА АЛОМАТҲОИ КИТОБАТ

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Ҷум, 10/03/2023 - 10:50

      10 марти соли 2023 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, № 647 тасдиқ шудааст ва иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва мулоқот бо омӯзгорону донишҷӯёну Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 27 сентябри соли 2022 баён доштанд, соати дарсӣ (мастер кл

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 2.3 (3 овоз)

РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Чшб, 15/03/2023 - 16:47

    Яке аз соҳаҳои муҳимтарини қонунгузорӣ дар шароити муносибатҳои бозорӣ дар иқтисодиёт қонунгузории гумрук мебошад.

     Қобили зикр аст,  ки то ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ муносибатҳои гумрукӣ бо қонунгузории умумииттифоқии гумрук амалӣ карда мешуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

СЕМИНАРИ ОМЎЗИШЇ

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Ҷум, 17/03/2023 - 10:07
      16 марти соли 2023 дар Маркази миллии қонунгузорӣ семинари омўзишӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони Марказ баргузор гардид.
     Семинари омўзиширо Соҳибзода М.М. – муовини якуми директори Марказ оғоз намуда, вобаста ба аҳамият ва мақсади баргузор намудани чорабинии мазкур, инчунин таҳлилу баррасӣ ва шарҳи муҳтавои асосии муқаррароти қонунгузории кишвар суханронӣ намуд.

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4.5 (2 овоз)

Иштироки директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ишкошим

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Сшб, 28/03/2023 - 16:37
     Бо мақсади иҷрои дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори Маркази миллии қонунгузорї - Саидзода Иззатулло Ҳабибулло ба ноҳияи Ишкошим ташриф оварданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ТЕРРОРИЗМ ВА ХАТАРИ ОН БА ҶОМЕА

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Ҷум, 31/03/2023 - 15:10
     Ҷаҳони имрӯза ба мавҷи хушунатбори гурӯҳҳои ифротиву хусусияти террористидошта мувоҷеҳ гашта, солҳои охир доир ба афзоиш ва густариши терроризм, экстремизм ва дигар падидаҳои номатлубу хатарафзо, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштаанд дар васоити ахбори омма хабару нигоришоти зиёде ба назар мерасанд, ки ин нукта давлату ҷомеаи соҳибтамаддуни моро низ бетараф гузошта наметавонад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

ТАШАББУСҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА МЕХАНИЗМИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ОН

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Ҷум, 31/03/2023 - 15:21
     Яке аз масълаҳои умдаи байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба он кашидааст – «коҳиши пиряхҳо дар кураи замин» мебошад. Қобили зикр аст, ки пиряхҳо манбаи асосии обӣ дар тамоми кишварҳо ба шумор рафта, барои бо об таъмин кардани аҳолӣ хизмат менамоянд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

БУЗУРГДОШТИ НАВРӮЗ - БУЗУРГДОШТИ ТАЪРИХ ВА ТАМАДДУН

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Ҷум, 31/03/2023 - 15:44

    Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намуд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хоссаро пайдо кард. Наврӯз хусусиятҳои деринаашро бо пазироии рӯҳияи замони нав созгор карда, имрӯз он мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)