ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort descending Ҳолат Замима
Конститутсия 1 КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАЪЙПУРСИИ УМУМИХАЛҚӢ Амалкунанда Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort descending Ҳолат Замима
Қонун 184 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИҶОРА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии ҶТ 06.12.1990 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort descending Ҳолат Замима
ҚОНУН 378 ДАР БОРАИ ТАҒЙИР ДОДАНИ НОМИ ҶУМҲУРИИ ШӮРАВИИ СОЦИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31.08.1991 Амалкунанда Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon ZIP

Январ 2020

-A A +A

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Ибрагимов Виктор Мухторович Санаи интишор: Пшб, 09/01/2020 - 21:03
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Конститутсия
Рақам: 
1
Мақомот: 
РАЪЙПУРСИИ УМУМИХАЛҚӢ
Ҳолат: 
Амалкунанда

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
 

МО, ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН,

қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста,

таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда,

озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда,

баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда,

бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода,

ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН  МЕНАМОЕМ.

 

Боби якум

АСОСҲОИ СОХТОРИ КОНСТИТУТСИОНӢ

 

Моддаи 1

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.

Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.

 

Моддаи 2

Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.

Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.

Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.

 

Моддаи 3

Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст.

 

Моддаи 4

Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе аст. 

 

Моддаи 5

Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

 

Моддаи 6

Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.

Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст.

Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд.

Ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳуқуқ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намояд.

Ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст.

Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд.

 

Моддаи 7

Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад.

Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст.

Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст.

Тартиби таъсис ва тағйири воҳидҳои маъмурию ҳудудиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

 

Моддаи 8

Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.

Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.

Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд.

Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд.

Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.

 

Моддаи 9

Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.

 

Моддаи 10

Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.

Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд.

 

Моддаи 11

Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад.

Ташвиқоти ҷанг манъ аст.

Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд.

Давлат бо ҳамватанони берунмарзӣ ҳамкорӣ мекунад.

 

Моддаи 12

Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд.

Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.

 

Моддаи 13

Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

 

Боби дуюм

ҲУҚУҚ, ОЗОДӢ, ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД

 

Моддаи 14

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.

Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.

 

Моддаи 15

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад.

Мансубияти шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрвандии давлати дигар эътироф намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун ё шартномаҳои байнидавлатии Тоҷикистон нишон дода шудааст.

Тартиби соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

 

Моддаи 16

Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад. Ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷӣ супурдан мумкин нест. Супурдани ҷинояткор ба давлати хориҷӣ дар асоси шартномаи тарафайн ҳал мешавад.

Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз ҳуқуқ ва озодиҳои муқарраргардида истифода мебаранд ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст.

Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷие, ки гирифтори вайронкунии ҳуқуқи инсон гаштаанд, метавонад паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад.

 

Моддаи 17

Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.

 

Моддаи 18

Ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт дорад.

Ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин.

Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсон манъ аст.

 

Моддаи 19

Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.

Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс кардан мумкин нест. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад.

 

Моддаи 20

Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.

Ҳеҷ кас баъди гузаштани муҳлати таъқиби ҷиноятӣ, инчунин барои содир кардани рафторе, ки ҳангоми воқеъ шуданаш ҷиноят ҳисоб намеёфт, ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Барои як ҷиноят ҳеҷ кас такроран ҷазо намебинад.

Қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии шахс қабул шудааст ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад. Агар баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунӣ барои он ҷазо пешбинӣ нашуда бошад ва ё ҷазои сабук пешбинӣ шуда бошад, қонуни нав амал мекунад.

Мусодираи пурраи молу мулки шахси маҳкумшуда манъ аст.

 

Моддаи 21

Ҳуқуқи ҷабрдидаро қонун ҳифз мекунад. Давлат ҳифзи судӣ ва ҷуброни зарарро барои ҷабрдида кафолат медиҳад.

 

Моддаи 22

Манзили шахс дахлнопазир аст.

Ба манзили шахс зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст.

 

Моддаи 23

Маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст.

Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст.

 

Моддаи 24

Шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он ҳуқуқ дорад.

 

Моддаи 25

Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба ҳар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст.

 

Моддаи 26

Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.

 

Моддаи 27

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.

Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд.

Шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад.

Шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок кардан надоранд.

Тартиби гузаронидани интихоботро қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо танзим менамоянд. Баргузории раъйпурсӣ тибқи қонуни конститутсионӣ сурат мегирад.

 

Моддаи 28

Шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад.

Ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ барои ташаккул ва ифодаи иродаи халқ мусоидат мекунанд ва дар ҳаёти сиёсӣ иштирок менамоянд. Сохтор ва фаъолияти онҳо бояд ба меъёрҳои демократӣ мувофиқ бошанд.

 

Моддаи 29

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоии осоишта, ки қонун муқаррар кардааст, ширкат варзад.

Ҳеҷ касро ба ин тадбирҳо маҷбуран ҷалб кардан мумкин нест.

 

Моддаи 30

Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.

Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.

Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст.

Номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад.

 

Моддаи 31

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд.

 

Моддаи 32

Ҳар кас ҳуқуқ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад.

Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад.

Товони зарари моддӣ ва маънавие, ки шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва ё шахсони алоҳида мебинад, мувофиқи қонун аз ҳисоби онҳо рӯёнида мешавад.

 

Моддаи 33

Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.

Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд.

Бисёрникоҳӣ манъ аст.

 

Моддаи 34

Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.

Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд.

Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд.

 

Моддаи 35

Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад.

Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад.

Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст.

Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст.

 

Моддаи 36

Ҳар кас ба манзил ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи сохтмони манзили давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва хусусӣ таъмин карда мешавад.

 

Моддаи 37

Шаҳрванд ҳуқуқи истироҳат дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи муқаррар кардани ҳафта ва рӯзи корӣ, рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда, рӯзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат ва шароитҳои дигаре таъмин карда мешавад, ки қонун муайян кардааст.

 

Моддаи 38

Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ тадбирҳо меандешад.

Шаклҳои дигари ёрии тиббиро қонун муайян мекунад.

 

Моддаи 39

Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад.

 

Моддаи 40

Ҳар шахс ҳуқуқ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад.

Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад.

Моликияти зеҳнӣ таҳти ҳимояи қонун аст.

 

Моддаи 41

Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.

Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад.

Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад.

 

Моддаи 42

Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.

Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

 

Моддаи 43

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.

Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад.

 

Моддаи 44

Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст.

 

Моддаи 45

Супоридани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, ҳатмист.

Қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, қувваи бозгашт надоранд.

 

Моддаи 46

Ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, истиқлолияти давлат, тамомияти арзии он ва офатҳои табиӣ, ки дар натиҷаи он мақомоти конститутсионии ҷумҳурӣ наметавонад ба таври мӯътадил фаъолият намояд, ҳамчун тадбири муваққатӣ барои амнияти шаҳрвандон ва давлат вазъияти фавқулода эълон мегардад.

Муҳлати вазъияти фавқулода то се моҳ аст. Дар мавридҳои зарурӣ ин мӯҳлатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дароз намояд.

 

Моддаи 47

Дар давраи вазъияти фавқулода ҳуқуқ ва озодиҳое, ки дар моддаҳои 16, 17, 18, 19, 20, 22, 25, 28-и Конститутсия пешбинӣ шудааст, маҳдуд карда намешавад.

Низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодаро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

 

Боби сеюм

МАҶЛИСИ ОЛӢ

 

Моддаи 48

Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.

Муҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар рӯзи оғози фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав қатъ мегардад.

Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.

 

Моддаи 49

Интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад. Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.

Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегардад. Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд.

Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад.

Фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад.

Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.

Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳуқуқ даст накашад.

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.

Шумораи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, тартиби интихоб ё таъин гардидани онҳоро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.

 

Моддаи 50

Аъзои Ҳукумат, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони дигаре, ки қонуни конститутсионӣ муайян кардааст, наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд.

Шаҳрванд наметавонад дар як вақт узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бошад. Узви Маҷлиси миллӣ наметавонад вакили зиёда аз ду мақоми намояндагӣ бошад.

Вакили Маҷлиси намояндагон наметавонад вакили дигар мақомоти намояндагӣ бошад, вазифаи дигареро иҷро кунад, фаъолияти соҳибкорӣ намояд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

 

Моддаи 51

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба амри интихобкунандагон тобеъ набуда, ҳуқуқ дорад фикри худро озодона изҳор намояд, мувофиқи ақидаҳои худ овоз диҳад.

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад, ӯро ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷойи содири ҷиноят. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунон мавриди кофтукови шахсӣ қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст. Масъалаи маҳрум намудани дахлнопазирии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Прокурори генералӣ аз ҷониби маҷлиси дахлдор ҳал карда мешавад.

Ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми вафот, истеъфо, ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз ҷониби суд, эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд, қатъи шаҳрвандӣ, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар, тарки доимии ҷумҳурӣ, ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқ нест, парокандашавии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қатъ мегардад.

Вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

 

Моддаи 52

Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро дар давоми як моҳи баъди интихоби онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунад.

Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро узв ва вакили синну солаш калонтарин мекушояд ва то интихоб шудани раисони ин Маҷлисҳо онро мебарад.

Фаъолияти Маҷлиси миллӣ дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Иҷлосияи Маҷлиси миллӣ соле на камтар аз чор бор аз тарафи Раиси Маҷлиси миллӣ даъват карда мешавад.

Фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон дар як сол як маротиба аз рӯзи аввали кории моҳи октябр то рӯзи охирини кории моҳи июн гузаронида мешавад.

Дар давраи байни иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми зарурат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияҳои ғайринавбатии онҳоро даъват менамояд. Дар ин иҷлосияҳо танҳо он масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки боиси даъвати ин иҷлосияҳо гаштаанд.

 

Моддаи 53

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон аз байни аъзо ва вакилон раисони Маҷлисҳо, муовинони якум ва муовинони онҳоро интихоб менамоянд. Яке аз муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҳисоби намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон бо овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзо ва вакилони онҳо интихоб мешаванд. Тартиби интихоби муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагонро Дастури Маҷлисҳо танзим мекунад.

Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар назди Маҷлиси дахлдор ҳисоботдиҳанда мебошанд ва онҳо метавонанд бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилон бозхонда шаванд.

Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, муовинони якум ва муовинони онҳо ба иҷлосия роҳбарӣ мекунанд ва дигар масъалаҳои дахлдорро ҳал менамоянд.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мақомоти ҳамоҳангсозанда ва кории худро мустақилона ташкил медиҳанд, инчунин кумита ва комиссияҳои дахлдорро таъсис менамоянд ва аз рӯи масъалаҳои ба Маҷлисҳо тааллуқдошта муҳокимаҳои парламентӣ доир мекунанд.

Мақомоти ҳамоҳангсозандаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар алоҳидагӣ ҷаласа мегузаронанд.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Дастури фаъолияти худро қабул мекунанд.

 

Моддаи 54

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон алоҳида ҷаласа мегузаронанд.

Ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳамон вақт гузаронида мешавад, ки агар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилони онҳо ҳузур дошта бошанд. Ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ошкоро гузаронида мешаванд. Дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонун ва Дастури Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мумкин аст ҷаласаи пӯшида гузаронида шавад.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҳолатҳои пешбининамудаи Конститутсия ҷаласаҳои якҷоя мегузаронанд.

 

Моддаи 55

Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя:

  1. Тасдиқи фармони Президент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат;
  2. Тасдиқи фармони Президент дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулода;
  3. Ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон;
  4. Таъини интихоботи Президент;
  5. Қабули истеъфои Президент;
  6. Сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаи олии ҳарбӣ;
  7. Баррасии масъалаи дахлнопазирии Президент.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷояи худ аз рӯйи масъалаҳои зикршудаи салоҳияташон қарор қабул мекунанд. Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муқаррар накарда бошад.

Дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунад ва бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд.

 

Моддаи 56

Салоҳияти Маҷлиси миллӣ:

  1. Таъсис ва барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва тағйири онҳо;
  2. Интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент;
  3. Ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ;
  4. Ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ;
  5. Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Маҷлиси миллӣ аз рӯйи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси миллӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои он қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муқаррар накарда бошад.

 

Моддаи 57

Салоҳияти Маҷлиси намояндагон:

  1. Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;
  2. Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ;
  3. Тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
  4. Ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;
  5. Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;
  6. Таъини раъйпурсӣ;
  7. Таъсиси судҳо;
  8. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ;
  9. Тасдиқи мукофотҳои давлатӣ;
  10. Тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таъин ва озод намудани раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯ;
  11. Муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус;
  12. Муайян намудани маоши Президент;
  13. Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Маҷлиси намояндагон аз рӯйи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муайян накарда бошад.

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон роҳбарони давлатҳои хориҷӣ метавонанд суханронӣ кунанд.

 

Моддаи 58

Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд.

 

Моддаи 59

Лоиҳаи қонунҳо ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешаванд.

Лоиҳаи қонун дар бораи авф аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад.

Лоиҳаи Қонун дар бораи буҷет, оид ба муқаррар кардан ва бекор кардани андозҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад.

 

Моддаи 60

Қонунҳоро Маҷлиси намояндагон қабул менамояд. Қонун бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигарро Конститутсия муқаррар накарда бошад.

Қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон қабул намудааст ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мешаванд, ба истиснои қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф.

Маҷлиси миллӣ қонунро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад. Дар мавриди дастгирӣ наёфтани қонун аз ҷониби Маҷлиси миллӣ қонун такроран дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ мешавад.

Дар сурати бо қарори Маҷлиси миллӣ норозӣ будани Маҷлиси намояндагон, қонун ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд.

Қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон иҷрои буҷети давлатиро назорат мекунад.

 

Моддаи 61

Қонунҳои конститутсионӣ оид ба масъалаҳое қабул мешаванд, ки Конститутсия муайян намудааст. Қонунҳои конститутсионӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мегарданд ва Маҷлиси миллӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад.

Дар сурати бо Қарори Маҷлиси миллӣ норозӣ будани Маҷлиси намояндагон, қонуни конститутсионӣ ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз чор се ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд.

Тафсири Конститутсияро тибқи тартиби мазкур Маҷлиси намояндагон дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул намуда, Маҷлиси миллӣ онро ҷонибдорӣ менамояд.

 

Моддаи 62

Қонунҳо барои имзо ва интишор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд. Агар Президент ба қонун ё қисми он розӣ набошад, қонунро дар муддати понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрорӣ қонун дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёбад, Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

Ҳангоми баррасии қонуни аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидашуда, ки онро пештар Маҷлиси намояндагон бо аз се ду ҳиссаи овозҳо қабул намуда буд, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон онро такроран бо аксарияти на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо тарафдорӣ мекунанд.

Агар Президент қонуни конститутсиониро баргардонад, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрорӣ қонуни конститутсионӣ дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз чор се ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ шавад, Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонуни конститутсионӣ имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

 

Моддаи 63

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон метавонанд пеш аз муҳлат дар ҷаласаи якҷояи худ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ихтиёран пароканда шаванд.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар давраи вазъияти фавқулода ва ҳолати ҷангӣ пароканда намешаванд.

 

Боби чаҳорум

ПРЕЗИДЕНТ

 

Моддаи 64

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.

Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

 

Моддаи 65

Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол интихоб менамоянд.

Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад.

Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд.

Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад.

Маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

 

Моддаи 66

Интихоботи Президент вақте боэътимод шумурда мешавад, ки дар он аз нисф зиёди интихобкунандагон ширкат варзида бошанд.

Номзаде Президент интихобшуда ҳисоб меёбад, ки ба тарафдории ӯ бештар аз нисфи интихобкунандагони ширкатварзида овоз дода бошанд.

Тартиби интихоби Президентро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

 

Моддаи 67

Президент пеш аз шурӯъи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад:

«Ман, ҳамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам, ба халқ содиқона хидмат менамоям».

Ваколати Президент баъд аз савганд ёд кардани Президенти нав қатъ мегардад.

 

Моддаи 68

Президент наметавонад вазифаи дигарро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул шавад.

 

Моддаи 69

Салоҳияти Президент:

  1. Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад;
  2. Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад;
  3. Вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад;
  4. Сарвазир ва дигар аъзои ҳукуматро таъин ва озод мекунад; фармон дар бораи таъин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
  5. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси дахлдори вакилони халқ пешниҳод менамояд;
  6. Санадҳои мақомоти ҳокимияти иҷроияро ҳангоми мухолифати онҳо ба Конститутсия ва қонунҳо бекор мекунад ва ё бозмедорад;
  7. Раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод мекунад ва фармонро барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
  8. Номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод менамояд;
  9. Бо ризоияти Маҷлиси миллӣ Прокурори генералӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод мекунад;
  10. Дастгоҳи иҷроияи Президентро таъсис медиҳад;
  11. Шӯрои амниятро таъсис ва роҳбарӣ мекунад;
  12. Судяҳои суди ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанберо таъин ва озод мекунад;
  13. Раъйпурсӣ, интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва мақомоти намояндагии маҳаллиро таъин мекунад;
  14. Ба қонунҳо имзо мегузорад;
  15. Низоми пулиро муайян менамояд ва маълумотро ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
  16. Ихтиёрдор ва масъули сармояи захиравӣ мебошад;
  17. Ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ мекунад, шартномаҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
  18. Сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъин ва озод мекунад;
  19. Эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул менамояд;
  20. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад; фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таъин ва озод мекунад;
  21. Ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷангро эълон менамояд ва фармонро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад;
  22. Барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он бо ризоияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон истифода мебарад;
  23. Дар саросари ҷумҳурӣ ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он вазъияти фавқулода эълон намуда, фармонро фавран ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд ва ба Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад;
  24. Масъалаҳои шаҳрвандиро ҳал мекунад;
  25. Паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳад;
  26. Масъалаҳои бахшиши ҷазоро ҳал мекунад;
  27. Бо рутбаҳои олии ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус сарфароз мегардонад;
  28. Шаҳрвандонро бо мукофотҳои давлатӣ,ҷоизаҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз мегардонад;
  29. Ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, амалӣ менамояд.

 

Моддаи 70

Президент дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад, дар бораи вазъи кишвар ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад, масъалаҳоеро, ки заруру муҳим мешуморад, ба муҳокимаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.

 

Моддаи 71

Ҳангоми вафот, истеъфо ва ғайри қобили амал донистани Президент вазифаи ӯ то ба вазифааш шурӯъ намудани Президенти нав ба зиммаи Раиси Маҷлиси миллӣ мегузарад. Дар ин маврид ваколати Раиси Маҷлиси миллӣ ба зиммаи муовини якуми ӯ мегузарад.

Дар ҳолатҳои зикршуда дар муҳлати се моҳ интихоботи Президент гузаронида мешавад.

Ваколатҳои Президент дар ҳолате, ки ӯ дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар бораи ба истеъфо баромаданаш хабар медиҳад, бо тарафдории аксарияти аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қатъ карда мешавад.

Дар сурате, ки Президент бинобар беморӣ вазифаҳои худро иҷро карда натавонад, ҳар ду Маҷлис дар ҷаласаи якҷояи худ дар асоси хулосаи комиссияи тиббии давлатии ташкил кардаашон, дар бораи пеш аз муҳлат аз мансаб озод намудани Президент бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои шумораи умумии аъзо ва вакилони ҳар яке аз Маҷлисҳо қарор қабул мекунанд.

Таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

 

Моддаи 72

Президент ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад.

Дахлнопазирии Президент дар сурати аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат дар асоси хулосаи Суди конститутсионӣ ва бо тарафдории аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, бекор карда мешавад.

 

Боби панҷум

ҲУКУМАТ

 

Моддаи 73

Ҳукумати ҷумҳурӣ аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст.

Ҳукумат роҳбарии самараноки соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, фармону амрҳои Президенти Тоҷикистонро таъмин мекунад.

Аъзои Ҳукумат баъди аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудан ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.

Аъзои Ҳукумат бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд ва онҳо наметавонанд вазифаи дигареро иҷро намоянд, вакили мақомоти намояндагӣ бошанд, ба соҳибкорӣ машғул шаванд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

 

Моддаи 74

Ҳукумат мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ қарор мебарорад ва фармоиш медиҳад, ки иҷрои онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ҳатмист.

Ҳукумат ваколаташро дар назди Президенти навинтихобшуда вомегузорад.

Ҳукумат дар мавриди ғайриимкон донистани иҷрои фаъолияти муътадили худ метавонад ба Президент аз хусуси истеъфо арз намояд. Ҳар як узви Ҳукумат ҳуқуқи истеъфо дорад.

Тартиби ташкил, фаъолият ва салоҳияти Ҳукуматро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

 

Моддаи 75

Ҳукумат барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати додугирифти қарзи давлатӣ ва ёрии иқтисодӣ ба дигар давлатҳо, лоиҳаи буҷети давлатӣ, масъалаи андозаи имконпазири касри буҷети давлатӣ ва манбаи ҷуброни онро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд. 

 

Боби шашум

МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

ВА ХУДИДОРАКУНӢ

 

Моддаи 76

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз мақомоти намояндагӣ ва иҷроия иборат буда, дар доираи салоҳияти худ амал мекунад. Онҳо иҷрои Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд.

 

Моддаи 77

Мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси вакилони халқ аст, ки онро раис роҳбарӣ мекунад. Муҳлати ваколати Маҷлиси вакилони халқ 5 сол аст.

Маҷлиси вакилони халқ буҷети маҳаллӣ ва ҳисоботи иҷрои онро тасдиқ мекунад, роҳҳои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии маҳалро муайян менамояд, андоз ва пардохти маҳаллиро мувофиқи қонун муқаррар мекунад, дар доираи қонун тарзи идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналиро муайян менамояд ва ваколатҳои дигареро амалӣ месозад, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

 

Моддаи 78

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия роҳбарӣ менамояд.

Мақомоти намояндагӣ ва иҷроияро дар воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ раис сарварӣ мекунад.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро Президент таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамояд.

Раис дар назди мақомоти болоӣ ва Маҷлиси вакилони халқи дахлдор масъул аст.

Тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот Ҷамоат аст, ки тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти онро қонун танзим менамояд.

 

Моддаи 79

Мақомоти намояндагӣ ва раис дар доираи салоҳияти худ санадҳои ҳуқуқӣ қабул мекунанд, ки иҷрояшон дар он ҳудуд ҳатмист.

Дар сурати бо Конститутсия ва қонун мувофиқат накардани санадҳои мақомоти намояндагӣ ва раис онҳо аз тарафи мақомоти болоӣ, худи ин мақомот, раис ва ё суд бекор карда мешаванд.

 

Моддаи 80

Дар сурати талаботи Конститутсия ва қонунро мунтазам иҷро накардани Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси миллӣ метавонад онро пароканда намояд.

 

Боби ҳафтум

ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

 

Моддаи 81

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бе ризоияти Маҷлиси вакилони халқи вилоят тағйир дода намешавад.

 

Моддаи 82

Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад.

 

Моддаи 83

Салоҳияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соҳаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ваколатҳои дигари вилоятро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад. 

 

Боби ҳаштум

СУД

 

Моддаи 84

Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.

Тартиби таъсис, ташкил ва фаъолияти судро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

Муҳлати ваколати судяҳо 10 сол аст.

Таъсиси суди фавқулода манъ аст.

 

Моддаи 85

Ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе интихоб ё таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошад.

Ба вазифаи судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбӣ, судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 25 кам набошад ва ҳадди ақал 3 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судя фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.

Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд мекунад.

 

Моддаи 86

Судяҳои Суди ҳарбӣ, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанберо бо тартиби муқарраркардаи қонуни конститутсионӣ Президент таъин ва озод мекунад. 

 

Моддаи 87

Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.

 

Моддаи 88

Судяҳо парвандаҳоро ба таври дастҷамъӣ ва ё танҳо баррасӣ мекунанд.

Мурофиа ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат мегирад.

Мурофиа дар ҳамаи судҳо ба тарзи ошкоро мегузарад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст.

Мурофиа ба забони давлатӣ ва ё забони аксарияти аҳолии маҳал баргузор мегардад. Шахсоне, ки забони мурофиаро намедонанд, бо тарҷумон таъмин карда мешаванд.

 

Моддаи 89

Суди конститутсионӣ аз 7 нафар иборат буда, яке аз онҳо намояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ шахсе интихоб мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 7 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судяи Суди конститутсионӣ фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.

Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ интихоб шудааст, дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ савганд ёд мекунад.

Салоҳияти Суди конститутсионӣ:

1) муайян намудани мувофиқати қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, шартномаҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсия;

2) ҳалли баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳо;

3) иҷрои ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Санадҳои Суди конститутсионӣ қатъист.

 

Моддаи 90

Судя наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул гардад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ. 

 

Моддаи 91

Судя ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Ӯро бе ризоияти мақомоте, ки интихоб ё таъин кардааст, ҳабс кардан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин нест. Судяро дастгир кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир кардани ӯ ҳангоми содири ҷиноят.

 

Моддаи 92

Ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад.

Тарзи ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклҳои ёрии ҳуқуқиро қонун муайян мекунад.

 

Боби нуҳум

ПРОКУРАТУРА

 

Моддаи 93

Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар ҳудуди Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд.

 

Моддаи 94

Низоми ягонаи марказонидашудаи прокуратураи Тоҷикистонро Прокурори генералӣ сарварӣ мекунад. Прокурори генералӣ дар назди Маҷлиси миллӣ ва Президент масъул аст.

 

Моддаи 95

Прокурори генералии Тоҷикистон ба муҳлати 5 сол таъин мешавад.

Прокурори генералӣ прокурорҳои тобеи худро таъин ва озод мекунад. Муҳлати ваколати прокурорҳо 5 сол аст.

Фаъолият, салоҳият ва сохтори мақомоти прокуратураро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.

 

Моддаи 96

Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он бе дахолати дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мустақилона дар асоси қонун фаъолият мекунанд.

 

Моддаи 97

Прокурор наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул шавад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

 

Боби  даҳум

ТАРТИБИ ТАҒЙИРИ КОНСТИТУТСИЯ

 

Моддаи 98

Тағйиру иловаҳои Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад.

Раъйпурсиро Президент ва ё Маҷлиси намояндагон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон таъин мекунанд.

 

Моддаи 99

Тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия Президент ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи умумии аъзо ва вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунанд.

Пешниҳоди тағйиру иловаҳои Конститутсия се моҳ пеш аз раъйпурсӣ дар матбуот чоп мешавад.

 

Моддаи 100

Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд.

 

Муқаррароти интиқолӣ

 

  1. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз эълони натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ ва аз рӯзи интишори расмиаш эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд.
  2. Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки то ворид намудани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекарданд, дар он қисме, ки ба тағйиру иловаҳо мухолиф нестанд, амал мекунанд.
  3. Интихоби пай дар пайи Президент барои ду муҳлат, ки дар қисми чоруми моддаи 65 пешбинӣ шудааст, баъд аз ба охир расидани ваколати Президенти амалкунанда оғоз меёбад.
  4. Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумат баъд аз эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ савганд ёд мекунанд.

 

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ношири мавод: Ибрагимов Виктор Мухторович Санаи интишор: Ҷум, 10/01/2020 - 14:35
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Низомномаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ношири мавод: Ибрагимов Виктор Мухторович Санаи интишор: Ҷум, 10/01/2020 - 14:44

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Сохтори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ношири мавод: Маҳмадшозода Фарҳод Абдураҳмон Санаи интишор: Ҷум, 10/01/2020 - 15:35
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 2.3 (10 овоз)

ДАР БОРАИ ҲИФЗИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ

Ношири мавод: Маҳмадшозода Фарҳод Абдураҳмон Санаи интишор: Шнб, 11/01/2020 - 21:46
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонуни ҶТ
Рақам: 
1537
Мақомот: 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
03.08.2018

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲИФЗИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 июни соли 2018, № 1115
қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 августи соли 2018, № 561
ҷонибдорӣ карда шуд.

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти вобаста ба ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва ҳифзи маълумоти шахсиро муайян менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- маълумоти биометрии шахсӣ - маълумоти шахсие, ки хусусиятҳои физиологӣ ва биологии субъектро муайян менамояд;

- маълумоти шахсӣ - маълумот дар бораи далелҳо, воқеаҳо ва ҳолатҳои ҳаёти субъекти маълумоти шахсӣ, ки ба айнияткунонии шахсияти ӯ имкон медиҳад;

- ҷамъоварии маълумоти шахсӣ - амалҳои ба гирифтани маълумоти шахсӣ равонагардида;

- нобуд кардани маълумоти шахсӣ - амалҳое, ки дар натиҷаи иҷрои онҳо барқарор намудани маълумоти шахсӣ имконнопазир аст;

- бехусусияткунонии маълумоти шахсӣ - амалҳое, ки дар натиҷаи онҳо муайян кардани мансубияти маълумоти шахсӣ ба субъекти аниқи маълумоти шахсӣ бе истифодаи иттилооти иловагӣ имконнопазир мегардад;

- махзани маълумоти шахсӣ (минбаъд - махзани маълумот) - маҷмӯи ба тартиб даровардашудаи маълумоти шахсӣ;

- дорандаи махзани маълумот (минбаъд - доранда) - мақоми давлатӣ, шахси воқеӣ ва ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи соҳибӣ, истифода, идора ва ҳифз кардани махзани маълумот мебошанд;

- оператори махзани маълумот (минбаъд - оператор) - мақоми давлатӣ, шахси воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартнома бо доранда коркард ва ҳифзи маълумоти шахсиро амалӣ менамоянд;

- ҳифзи маълумоти шахсӣ - маҷмӯи тадбирҳое, ки бо мақсади пешгирӣ намудани дастрасии беиҷозат ба маълумоти шахсӣ амалӣ карда мешаванд;

- коркарди маълумоти шахсӣ - амалҳое, ки ба сабт, мураттабсозӣ, нигоҳдорӣ, тағйирдиҳӣ, такмил, гирифтан, истифода, паҳнкунӣ, бехусусияткунонӣ, бастан ва нобудсозии маълумоти шахсӣ равона гардидаанд;

- истифодаи маълумоти шахсӣ - амалҳо бо маълумоти шахсӣ, ки барои амалишавии фаъолияти доранда, оператор ва шахси сеюм равона гардидаанд;

- нигоҳдории маълумоти шахсӣ - амалҳо оид ба таъмини нигоҳдорӣ, махфият ва дастрасии маълумоти шахсӣ;

- паҳн кардани маълумоти шахсӣ - амалҳое, ки ба додани маълумоти шахсӣ ба доираи номуайяни шахсон равона гардидаанд;

- субъекти маълумоти шахсӣ (минбаъд - субъект) - шахси воқеие, ки ба ӯ маълумоти шахсии дахлдор тааллуқ дорад;

- шахси сеюм - шахсе, ки субъект, доранда ва ё оператор набуда, бо онҳо ё муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба маълумоти шахсӣ алоқаманд аст;

- ҳомили моддӣ - объектҳои моддӣ (аз ҷумла майдонҳои физикӣ), ки дар онҳо маълумоти шахсӣ инъикоси худро дар намуди рамзҳо, шаклҳо ва садоҳо меёбад;

- амалҳои (амалиёти) доранда бо маълумоти шахсӣ - ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, дақиқкунӣ, интиқол, боздоштан, бехусусияткунонӣ ва нобуд кардани маълумоти шахсӣ;

- низоми махфияти маълумоти шахсӣ - қоидаҳои муқарраршудае, ки маҳдудияти дастрасӣ, интиқол ва шартҳои нигаҳдории маълумоти шахсиро муайян менамоянд;

- интиқоли фаромарзии маълумоти шахсӣ - интиқоли маълумоти шахсӣ ба ҳудуди давлатҳои хориҷӣ.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

  1. Қонуни мазкур муносибатҳои вобаста ба ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумоти шахсиро танзим менамояд.

  2. Қонуни мазкур амалҳои зеринро фаро намегирад:

- коркард ва ҳифзи маълумоти шахсӣ аз тарафи субъектҳо танҳо барои эҳтиёҷоти шахсӣ ва оилавӣ, агар он боиси поймол гардидани ҳуқуқи шахсони дигари воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ нагардад;

- ташаккул, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти шахсии Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои дигари бойгонӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- коркард ва ҳифзи маълумоти шахсӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сирри давлатӣ мансуб аст.

Моддаи 4. Принсипҳои ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумоти шахсӣ

Ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумоти шахсӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- қонуният;

- адолатнокӣ;

- ошкорбаёнӣ ва шаффофият;

- махфияти маълумоти шахсии дорои дастрасии маҳдуд;

- баробарии ҳуқуқи субъектҳо, дорандаҳо ва операторон;

- таъмини амнияти шахсият, ҷомеа ва давлат.

БОБИ 2. КАФОЛАТ ВА ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ҲИФЗИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ

Моддаи 5. Кафолати давлатии ҳифзи маълумоти шахсӣ

  1. Ҳифзи маълумоти шахсӣ аз тарафи давлат кафолат дода мешавад.

  2. Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ ҳангоми мавҷуд будани сертификати мутобиқати мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ ва амнияти иттилоотӣ амалӣ карда мешаванд.

  3. Барои таъмини бехатарии маълумоти шахсӣ бояд оид ба ҳифзи онҳо аз тасодуфан ё беиҷозат ихроҷ шудан, нусхабардорӣ, дуздӣ, гум кардан, тағйир додан (сохтакорӣ) ва ифшо ё нобуд кардан чораҳо андешида шаванд.

Моддаи 6. Ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ

Ба ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ дохил мешаванд:

- тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ;

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ ва тасдиқи низомномаи он;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- сиёсати давлатиро оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ амалӣ менамояд;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ таҳия ва ҷиҳати тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;

- номгӯи маълумоти шахсиро, ки барои амалисозии фаъолияти доранда, оператор ва шахси сеюм зарур ва кофӣ мебошанд, тасдиқ менамояд;

- тартиби аз ҷониби доранда, оператор ва шахси сеюм амалӣ намудани чораҳои ҳифзи маълумоти шахсиро тасдиқ менамояд.

- муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои ҳифзи маълумоти шахсӣ баррасӣ менамояд;

- рӯйхати шахсони масъули ба риоя кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ уҳдадорро муайян ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо чораҷӯӣ менамояд;

- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.

БОБИ 3. ҶАМЪОВАРӢ, КОРКАРД ВА НИГОҲДОРИИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ

Моддаи 8. Шартҳои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ

  1. Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ бо розигии субъект ё намояндаи қонунии он аз тарафи доранда ва (ё) оператор, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 9 Қонуни мазкур, амалӣ карда мешаванд.

  2. Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ бояд бо расидан ба мақсадҳои мушаххас, қаблан муайяншуда ва қонунӣ маҳдуд карда шаванд. Ба коркарди маълумоти шахсии бо мақсадҳои ҷамъоварии он номувофиқ иҷозат дода намешавад.

  3. Мундариҷа ва ҳаҷми маълумоти шахсии ҷамъоварӣ ва коркардшаванда бояд ба мақсадҳои арзгардидаи ҷамъоварӣ ва коркард мувофиқат намоянд.

  4. Ҳангоми ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ бояд саҳеҳии маълумоти шахсӣ, кифоягии он ва дар ҳолатҳои зарурӣ аҳамият нисбат ба мақсадҳои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ таъмин карда шаванд. Оператор бояд оид ба аниқ намудани маълумоти нопурра ё носаҳеҳ чораҳои зарурӣ андешад.

  5. Субъекти маълумот бояд дар бораи маълумоти нисбати ӯ ҷамъоваришаванда хабардор карда шуда, ба ӯ дастрасӣ ба маълумоти ба худаш тааллуқдошта таъмин карда мешавад, инчунин ӯ ҳуқуқ дорад ислоҳи маълумоти носаҳеҳ ё ба иштибоҳоварандаро талаб намояд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.

  6. Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсии субъекти фавтида, аз ҷониби суд бедарак ғоибшуда эътирофгардида ё фавтида эълонгардида тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 9. Дастрасии маълумоти шахсӣ

  1. Маълумоти шахсӣ ба дастрасии умум ва дастрасии маҳдуд тақсим мешавад.

  2. Дастрасии маълумоти шахсии дастрасии умум бо розигии субъект озод мебошад ё тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи низоми махфият нисбат ба он татбиқ намегардад.

  3. Бо мақсади таъминоти иттилоотии аҳолӣ манбаъҳои маълумоти шахсии дастрасиашон озод (аз ҷумла маълумотномаҳои тарҷумаиҳолӣ, китобҳои телефонӣ, суроғавӣ, захираҳои иттилоотии электронии дастраси умум, воситаҳои ахбори омма) истифода мешаванд.

  4. Дастрасии маълумоти шахсии дастрасии маҳдуд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд мебошад.

Моддаи 10. Дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ

  1. Дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ бо шартҳои розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ, ки ба доранда, оператор ва шахси сеюм барои ҷамъоварӣ ва коркарди онҳо дода шудааст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 9 Қонуни мазкур, муайян карда мешавад.

  2. Муроҷиати (дархости) субъект ё намояндаи қонунии ӯ дар хусуси дастрасӣ ба маълумоти шахсии худ ба доранда, оператор ва шахси сеюм дар шакли муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

  3. Муносибат байни доранда, оператор ва шахси сеюм дар хусуси дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот" танзим карда мешавад.

Моддаи 11. Тартиби додани розигии субъект ба ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ (бозхонди он)

  1. Субъект ё намояндаи қонунии ӯ ба ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон розигӣ медиҳад (онро бозхонд мекунад).

  2. Субъект ё намояндаи қонунии ӯ розигиро ба ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 9 Қонуни мазкур бозхонда наметавонад.

Моддаи 12. Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ бе розигии субъект

Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ бе розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- аз ҷониби мақомоти давлатӣ иҷро намудани вазифаҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;

- ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд.

Моддаи 13. Махфияти маълумоти шахсӣ

  1. Доранда, оператор ва шахси сеюм, ки ба маълумоти шахсии дорои дастрасии маҳдуд дастрасӣ пайдо намудаанд, махфияти онро бо роҳи риояи талаботи роҳ надодан ба паҳн гардидани он бе розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ таъмин менамоянд.

  2. Шахсоне, ки ба онҳо маълумоти шахсии дорои дастрасии маҳдуд дар робита бо эҳтиёҷоти касбӣ, хизматӣ, инчунин муносибатҳои меҳнатӣ маълум гардидааст, уҳдадоранд махфияти онро таъмин намоянд.

  3. Махфияти маълумоти биометрии шахсӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 14. Захиракунӣ ва нигоҳдории маълумоти шахсӣ

  1. Захиракунии маълумоти шахсӣ бо роҳи ҷамъоварии маълумоти шахсӣ, ки барои амалишавии фаъолияти доранда, оператор ва шахси сеюм зарур ва кифоя мебошад, сурат мегирад.

  2. Нигоҳдории маълумоти шахсӣ аз ҷониби доранда, оператор ва шахси сеюм, ки махзани он танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ мувофиқа шудаанд, амалӣ мегардад.

  3. Муҳлати нигоҳдории маълумоти шахсӣ бо санаи расидан ба ҳадафҳои коркарди онҳо муайян мегардад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.

Моддаи 15. Тағйир додан ва пурра кардани маълумоти шахсӣ

Тағйир додан ва пурра кардани маълумоти шахсӣ аз ҷониби доранда, оператор ва шахси сеюм дар асоси муроҷиати (дархости) субъект ё намояндаи қонунии ӯ ё дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Моддаи 16. Паҳн кардани маълумоти шахсӣ

  1. Ба паҳн кардани маълумоти шахсӣ иҷозат дода мешавад, агар ҳуқуқ ва озодиҳои субъект поймол карда нашаванд, инчунин ба манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар зарар нарасад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  2. Паҳн кардани маълумоти шахсӣ дар ҳолатҳое, ки аз доираи қаблан эълоншудаи мақсадҳои ҷамъоварӣ ва коркарди он мебароянд, бо розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ карда мешавад.

Моддаи 17. Маълумоти биометрии шахсӣ

  1. Маълумоте, ки хусусиятҳои физиологӣ ва биологии инсонро инъикос намуда, дар асоси он мумкин аст шахсияти ӯ (маълумоти биометрии шахсӣ) муайян карда шавад ва инчунин он аз ҷониби оператор барои муайян намудани шахсияти субъекти маълумоти шахсӣ истифода мегардад, метавонад танҳо дар сурати мавҷуд будани розигии хаттии субъекти маълумоти шахсӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур, коркард шавад.

  2. Коркарди маълумоти биометрии шахсӣ метавонад бе розигии субъекти маълумоти шахсӣ бинобар амалӣ намудани таъқиби ҷиноятӣ ва адолати судӣ, иҷрои санадҳои судӣ, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиа, амният, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, муқовимат ба терроризм, экстремизм, коррупсия ва қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба даст оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизмати давлатӣ анҷом дода шавад.

Моддаи 18. Интиқоли фаромарзии маълумоти шахсӣ

  1. Интиқоли фаромарзии маълумоти шахсӣ ба ҳудуди давлатҳои хориҷие, ки ҳифзи якхелаи ҳуқуқҳои субъектҳои маълумоти шахсиро таъмин менамоянд, мутобиқи Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад. Интиқоли фаромарзии маълумоти шахсӣ бо мақсади ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маънавиёт, саломатӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, таъмини мудофиаи мамлакат ва амнияти давлат метавонад манъ ё маҳдуд карда шавад.

  2. Интиқоли фаромарзии маълумоти шахсӣ ба ҳудуди давлатҳои хориҷие, ки ҳифзи маълумоти шахсиро таъмин намекунанд, дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад: - мавҷуд будани розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ ба интиқоли фаромарзии маълумоти шахсии ӯ;

- ҳолатҳои пешбининамудаи шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;

- ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар ин бо мақсади ҳифзи сохтори конститутсионӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, саломатӣ ва маънавиёти аҳолӣ, таъмини мудофиаи мамлакат ва амнияти давлат зарур бошад;

- ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, агар гирифтани розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ имконнопазир бошад.

Моддаи 19. Бехусусияткунонии маълумоти шахсӣ

Ҳангоми коркарди маълумоти шахсӣ барои анҷом додани тадқиқоти оморӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ доранда, оператор ва шахси сеюм уҳдадоранд онҳоро бехусусият намоянд.

Моддаи 20. Нобуд кардани маълумоти шахсӣ

Маълумоти шахсӣ аз ҷониби доранда, оператор ва шахси сеюм дар ҳолатҳои зерин бояд нобуд карда шавад:

- бо гузаштани муҳлати нигоҳдорӣ мутобиқи қисми 3 моддаи 14 Қонуни мазкур;

- ҳангоми қатъ гардидани муносибатҳои ҳуқуқӣ байни субъект ва доранда, оператор ё шахси сеюм;

- ҳангоми эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд.

Моддаи 21. Хабардоркунӣ дар бораи интиқоли маълумоти шахсӣ

  1. Доранда ё операторе, ки маълумоти шахсиро ба шахсони сеюм интиқол додааст, ҳамчунин шахси сеюме, ки маълумоти шахсиро аз субъекти ин маълумот нагирифтааст, уҳдадоранд дар муҳлати на бештар аз се рӯзи корӣ ба субъект хабарномаи дорои маълумоти дар қисми 2 моддаи мазкур нишондодашударо ирсол намоянд.

  2. Дар хабарнома маълумоти зерин дарҷ мегарданд:

- насаб ва номи шахси воқеӣ, номи шахси ҳуқуқӣ, суроғаи шахси сеюме, ки маълумоти шахсиро гирифтааст;

- мақсади коркарди маълумоти шахсӣ тибқи моддаи 5 Қонуни мазкур;

- манбаи гирифтани маълумоти шахсӣ.

  1. Доранда, оператор ва шахси сеюм дар ҳолатҳои зерин аз уҳдадории дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда озод карда мешаванд:

- агар субъект барои интиқоли маълумоти шахсӣ розигии худро дода бошад;

- ҳангоми аз ҷониби мақомоти давлатӣ иҷро намудани вазифаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дастраси умум гардондани маълумоти шахсӣ аз ҷониби субъект ё бо хоҳиши ӯ;

- агар ба субъект пешниҳод намудани маълумоте, ки дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони дигарро поймол кунад.

  1. Коркарди маълумоти шахсии интиқолшуда барои мақсадҳои тадқиқоти оморӣ ё илмию тадқиқотии дигар амалӣ карда мешавад, агар ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъекти маълумоти шахсӣ поймол карда нашаванд.

БОБИ 4. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТ

Моддаи 22. Ҳуқуқи дастрасии маълумоти шахсӣ ба субъект

  1. Субъект барои гирифтани маълумоти дар қисми 4 моддаи мазкур зикргардида, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 5 моддаи мазкур пешбинишуда, ҳуқуқ дорад. Субъект ҳуқуқ дорад аз доранда, оператор ва шахси сеюм аниқ, бастан ё нобуд кардани маълумоти шахсии худро талаб кунад, агар чунин маълумоти нопурра, куҳнашуда, носаҳеҳ, ғайриқонунӣ гирифташуда ё барои мақсади арзгардидаи коркард зарур набошад, инчунин оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои худ чораҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро андешад.

  2. Маълумоте, ки дар қисми 4 моддаи мазкур нишон дода шудааст, ба субъект ё намояндаи қонунии ӯ аз тарафи доранда, оператор ва шахси сеюм ҳангоми муроҷиат ё қабули дархости субъект ё намояндаи қонунии ӯ пешниҳод карда мешавад.

  3. Маълумоте, ки дар қисми 4 моддаи мазкур нишон дода шудааст, бояд аз тарафи доранда, оператор ва шахси сеюм дар шакли дастрас ба субъект пешниҳод карда шавад ва дар он бояд маълумоти шахсии ба субъектҳои дигар тааллуқдошта мавҷуд набошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки барои ошкор кардани чунин маълумоти шахсӣ асосҳои қонунӣ мавҷуд бошанд.

  4. Субъект ба гирифтани иттилооти марбут ба ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсии худ ҳуқуқ дорад, ки он аз ҷумла маълумоти зеринро дар бар мегирад:

- тасдиқи воқеияти ҷамъоварӣ ва коркард;

- асосҳои ҳуқуқӣ ва мақсадҳои ҷамъоварӣ ва коркард;

- мақсад ва усулҳои истифодашавандаи ҷамъоварӣ ва коркард;

- ном ва макони ҷойгиршавии доранда, оператор ва шахси сеюм, маълумот дар бораи шахсоне (ба истиснои кормандони доранда, оператор ва шахси сеюм), ки ба маълумоти шахсӣ дастрасӣ доранд ё ба онҳо маълумоти шахсӣ метавонанд ошкор шаванд;

- муҳлати ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ, аз ҷумла муҳлати нигоҳдории онҳо;

- тартиби аз ҷониби субъект амалӣ шудани ҳуқуқҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд;

- иттилоъ дар бораи интиқоли фаромарзии иҷрошуда ё пешбинигардидаи маълумот.

  1. Ҳуқуқи субъект ба дастрасии маълумоти шахсии ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад маҳдуд гардад.

Моддаи 23. Уҳдадории субъект

Субъект уҳдадор аст маълумоти шахсии худро дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

БОБИ 5. ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ ДОРАНДА, ОПЕРАТОР ВА ШАХСИ СЕЮМ

Моддаи 24. Ҳуқуқҳои доранда, оператор ва шахси сеюм Доранда, оператор ва шахси сеюм ҳуқуқ доранд:

- ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсиро бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд;

- барои ҳифзи маълумоти шахсӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ, аз ҷумла ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва техникӣ андешанд.

Моддаи 25. Уҳдадориҳои доранда, оператор ва шахси сеюм

  1. Доранда, оператор ва шахси сеюм уҳдадоранд:

- номгӯи маълумоти шахсии барои иҷрои вазифаҳои онҳо зарур ва кофиро тасдиқ намоянд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад;

- дар сурати муваффақ шудан ба мақсади ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ, инчунин ҳолатҳои дигари муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нобуд кардани маълумоти шахсӣ чораҷӯӣ намоянд;

- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон далели тасдиқкунандаи гирифтани розигии субъектро барои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсии ӯ пешниҳод намоянд;

- ба субъект ё намояндаи қонунии ӯ маълумоти ба ӯ тааллуқдоштаро дар давоми се рӯзи корӣ аз рӯзи қабули муроҷиат пешниҳод намоянд.

  1. Доранда, оператор ва шахси сеюм уҳдадоранд оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ чораҳои зарурӣ андешанд ва онҳо бояд ҳалли масъалаҳои зеринро таъмин намоянд:

- пешгирии дастрасии беиҷозат ба маълумоти шахсӣ;

- сари вақт ошкор намудани далелҳои дастрасии беиҷозат ба маълумоти шахсӣ;

- то ҳадди камтарин расондани оқибатҳои номатлуби дастрасии беиҷозат ба маълумоти шахсӣ.

  1. Уҳдадориҳои доранда, оператор ва шахси сеюм оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ аз лаҳзаи ҷамъоварии маълумоти шахсӣ ба вуҷуд меоянд ва то лаҳзаи нобуд кардан ё бехусусияткунонии онҳо эътибор доранд.

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                            Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе,

3 августи соли 2018,

№ 1537

ОСОРИ ИНТИХОБШУДАИ РАҲИМЗОДА М.З.

Ношири мавод: Ибрагимов Виктор Мухторович Санаи интишор: Яшб, 12/01/2020 - 14:55
ОСОРИ ИНТИХОБШУДАИ РАҲИМЗОДА М.З.

Дар маҷмўа маҳсули меҳнати интихобшудаи Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон Раҳимзода Маҳмад Забир (Раҳимов Маҳмад Забирович), ки дар солҳои гуногун ва шароитҳои гуногуни ҷамъиятӣ-сиёсӣ навишта шудаанд, ҷамъоварӣ шудааст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Маҳмадшозода Фарҳод Абдураҳмон Санаи интишор: Дшб, 13/01/2020 - 16:20
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонуни ҶТ
Рақам: 
1642
Мақомот: 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
19.07.2019

ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Комиссия) мақоми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раъйпурсии умумихалқиро ташкил мекунад ва мегузаронад, ба низоми комиссияҳои интихоботӣ роҳбарӣ мекунад, инчунин ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Ҷамоатро назорат карда, риоя ва татбиқи якхелаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ва раъйпурсиро таъмин менамояд. 
  2. Комиссия мақоми дастаҷамъӣ буда, ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳои худ мустақил мебошад, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор ҳисоботдиҳанда намебошад.
  3. Комиссия шахси ҳуқуқӣ буда, дорои суратҳисоб ва ҳисобҳои дигар, муҳру бланкҳо бо ифодаи номи худ ва тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Принсипҳои фаъолияти Комиссия 

Комиссия дар фаъолияти худ принсипҳои демократии низоми интихобот ва раъйпурсиро амалӣ намуда, барои изҳори озодонаи иродаи интихобкунандагон ва раъйдиҳандагон шароити мусоид фароҳам меорад. 

Моддаи 4. Ошкорбаёнӣ дар фаъолияти Комиссия 

  1. Комиссия фаъолияти худро ба таври шаффоф амалӣ менамояд. Ҷаласаҳои Комиссия ошкоро гузаронида шуда, барои аҳли ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма дастрас мебошанд.
  2. Комиссия дар бораи ҳайат ва қароргоҳи худ, ҷаласаҳо ва қарорҳои дар онҳо қабулгардида, инчунин чорабиниҳое, ки мегузаронад, дар воситаҳои ахбори омма иттилоъ медиҳад.

Моддаи 5. Макони ҷойгиршавии Комиссия

  1. Макони  ҷойгиршавии  Комиссия  пойтахти  Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе мебошад.
  2. Дар бинои Комиссия Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.

БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАЪСИС ВА ҲАЙАТИ КОМИССИЯ

Моддаи 6. Тартиби таъсис ва ҳайати Комиссия 

  1. Комиссия дар ҳайати 7 нафар аъзо, аз ҷумла раис, муовин ва 5 нафар аъзо бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешавад.
  2. Котиби Комиссия аз ҳисоби аъзои он дар ҷаласаи Комиссия интихоб карда мешавад.
  3. Узви Комиссия чун қоида бояд дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ё сиёсатшиносӣ бошад.

Моддаи 7. Муҳлати ваколати узви Комиссия 

Муҳлати ваколати узви Комиссия 7 сол мебошад.

Моддаи 8. Узвият дар Комиссия 

  1. Узви Комиссия шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 соли охир истиқомати доимӣ дошта, забони давлатиро донад. 
  2. Шаҳрвандони зерин ба ҳайати Комиссия интихоб шуда наметавонанд:

- номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- номзадҳо ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- номзадҳо ба вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Ҷамоат;

- узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Ҷамоат;

- узви ҳизби сиёсӣ;

- шахсони боэътимоди номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба узви Маҷлиси миллӣ, ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ;

- шаҳрвандоне, ки суд қобилияти амали онҳоро маҳдуд ё онҳоро ғайри қобили амал эътироф кардааст;

- ходимони касбии иттиҳодияҳои динӣ;

- шаҳрвандоне, ки барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркардаашон доғи судӣ доранд, инчунин шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона маҳкум шудаанд ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудаанд;

- нафақагири давлати хориҷӣ. 

  1. Шаҳрванде, ки узви ҳизби сиёсӣ мебошад, дар ҳолате номзад ба аъзои Комиссия пешниҳод мегардад, ки бо тартиби муқарраргардида узвияташро дар ҳизби сиёсӣ қатъ намуда бошад.

БОБИ 3. ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ КОМИССИЯ, РАИС, МУОВИН, КОТИБ ВА УЗВИ КОМИССИЯ

Моддаи 9. Ваколатҳои Комиссия 

Комиссия дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раъйпурсии умумихалқиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва мегузаронад;

- ба низоми комиссияҳои интихоботӣ роҳбарӣ мекунад; 

- ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Ҷамоатро назорат мекунад;

- ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба интихобот ва раъйпурсӣ таъмин менамояд;

- риояи принсипҳои раванди интихобот ва раъйпурсиро, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, таъмин менамояд;

- татбиқи якхелаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ва раъйпурсиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад;

- шакли бюллетенҳои овоздиҳии интихобот ва раъйпурсиро муқаррар менамояд;

- дар доираи ваколатҳои худ барои татбиқи дуруст ва якхелаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ дастур ва тавзеҳоти ҳатмӣ қабул мекунад;

- мушоҳидони байналмилалиро аз давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия менамояд ва ба онҳо шаҳодатномаи шакли муқарраршударо месупорад;

- барои аъзои комиссияҳои интихоботӣ ва комиссияҳои раъйпурсӣ конференсияҳо, семинарҳо ва машғулиятҳои омӯзишӣ ташкил мекунад;

- дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ташкил ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ чорабиниҳои дахлдорро мегузаронад;

- барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии интихобкунандагон, раъйдиҳандагон ва иштирокчиёни дигари маъракаҳои интихоботӣ ва раъйпурсӣ чорабиниҳои зарурӣ ташкил менамояд;

- натиҷаҳои интихобот ва раъйпурсиро ҷамъбаст ва онҳоро эълон мекунад;

- ваколатҳои дигарро, ки қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амалӣ менамояд. 

Моддаи 10. Ваколатҳои раиси Комиссия 

  1. Раиси Комиссия дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- ба фаъолияти Комиссия ва дастгоҳи он роҳбарӣ менамояд;

- ҷаласаҳои Комиссияро даъват менамояд ва дар онҳо раисӣ мекунад, рӯзномаи ҷаласаро барои баррасӣ ва тасдиқи Комиссия пешниҳод менамояд;

- ба қарорҳо ва протоколҳои Комиссия имзо мегузорад;

- иҷрои қарорҳои қабулкардаи Комиссияро назорат менамояд;

- ба муовини раис ва аъзои Комиссия супоришҳои хаттӣ ва шифоҳӣ медиҳад;

- баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқиро, ки ба Комиссия ворид мегарданд, таъмин менамояд;

- намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои дигар ва шахсони алоҳидаро барои иштирок кардан дар ҷаласаҳои Комиссия даъват менамояд;

- Комиссияро дар муносибатҳо бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар, шахсони мансабдор, созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷӣ намояндагӣ мекунад;

- кормандони дастгоҳи Комиссияро ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд;

- ваколатҳои дигарро, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, амалӣ менамояд.

  1. Раиси Комиссия дар доираи ваколатҳои худ оид ба масъалаҳои фаъолияти Комиссия ва дастгоҳи он фармоиш ва амрҳо қабул менамояд.
  2. Дар ҳолати ваколатҳояшро амалӣ карда натавонистани раиси Комиссия ё холӣ будани вазифаи раис ваколатҳои раисро муовини раиси Комиссия амалӣ менамояд. 

Моддаи 11. Ваколатҳои муовини раиси Комиссия 

  1. Муовини раиси Комиссия дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- уҳдадориҳои алоҳидаро, ки аз ваколатҳои Комиссия бармеоянд, иҷро менамояд;

- иҷрои дастуру супоришҳои раисро дар доираи ваколатҳои худ таъмин мекунад;

- ваколатҳои дигарро, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, амалӣ менамояд.

  1. Дар ҳолати ваколатҳояшро амалӣ карда натавонистани муовини раиси Комиссия ё холӣ будани вазифаи муовини раис ваколатҳои ӯро котиби Комиссия амалӣ менамояд.

Моддаи 12. Ваколатҳои котиби Комиссия 

Котиби Комиссия дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- корҳои омодагиро ба ҷаласаҳои Комиссия анҷом медиҳад ва аъзои Комиссияро бо маводи баррасишаванда таъмин мекунад;

- протоколҳои ҷаласаҳои Комиссияро тартиб медиҳад ва ба онҳо имзо мегузорад;

- супоришҳои раиси Комиссияро иҷро мекунад;

- роҳбари дастгоҳи Комиссия мебошад;

- ваколатҳои дигарро, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, амалӣ менамояд. 

Моддаи 13. Ҳуқуқу уҳдадориҳои узви Комиссия 

  1. Узви Комиссия дорои ҳуқуқу уҳдадориҳои зерин мебошад:

- ба рӯзномаи ҷаласаи Комиссия таклиф пешниҳод намояд, вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда фикру ақидаҳои худро изҳор намуда, дар музокираҳо иштирок кунад;

- дар ҷаласаҳои Комиссия иштирок намуда, дар қабули қарорҳо беғаразона овоз диҳад;

- дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои дигар вобаста ба ташкил ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ, инчунин масъалаҳои дигаре, ки ба ваколати Комиссия дохиланд, иштирок намояд;

- аз рӯи тақсимот вазифаҳои гузошташударо иҷро намояд;

- супоришҳои Комиссия, раис ва муовини раисро оид ба назорати кори комиссияҳои интихоботӣ ва комиссияҳои раъйпурсӣ иҷро намояд;

- бо супориши Комиссия ва раиси Комиссия муроҷиатҳоро баррасӣ намуда, аз натиҷаи он ба Комиссия гузориш диҳад;

- ваколатҳои дигарро, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, амалӣ намояд.

  1. Узви Комиссия ҳуқуқ надорад дар ташвиқу тарғиби пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда ва дар раъйпурсӣ вобаста ба масъалаи гузошташуда иштирок намояд.

Моддаи 14. Фаъолияти меҳнатии узви Комиссия 

  1. Раис, муовини раис ва аъзои Комиссия мансаби давлатии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. 
  2. Раис, муовини раис ва аъзои Комиссия дар асоси касбӣ ва доимӣ фаъолият менамоянд. Онҳо, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ, наметавонанд вазифаи дигареро ишғол кунанд ва бо соҳибкорӣ машғул шаванд. 
  3. Музди меҳнати раис, муовини раис ва аъзои Комиссия аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  4. Ба раис, муовини раис ва аъзои Комиссия тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 45 рӯзи тақвимӣ рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда дода мешавад.
  5. Нафақаи раис, муовини раис ва аъзои Комиссия бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
  6. Кафолатҳои моддӣ ва иҷтимоии раис, муовини раис ва аъзои Комиссия, таъминот ва хизматрасонии тиббию иҷтимоии онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. 

Моддаи 15. Бозхонди раис, муовини раис ва аъзои Комиссия

  1. Раис, муовини раис ва аъзои Комиссия дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда мешаванд.
  2. Раис, муовини раис ва аъзои Комиссия бо асосҳои зерин пеш аз муҳлат бозхонд карда мешаванд:

- ариза дар бораи бо хоҳиши худ даст кашидан аз узвият;

- қатъ гаштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар;

- барои истиқомати доимӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан;

- мувофиқат накардан ба талаботи моддаи 8 Қонуни мазкур;

- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд нисбати  ӯ;

- бо қарори суд бедарак ғоибшуда ё фавтида эълон гардидани ӯ;

- бе сабабҳои узрнок иштирок накардан дар ҷаласаҳои Комиссия;

- иштирок кардан дар тарғибу ташвиқи пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда ва масъалаи дар раъйпурсӣ гузошташуда, инчунин ошкор гардидани ғаразнокии ӯ дар масъалаҳои баррасишаванда;

- бо сабаби  вазъи саломатӣ ё сабабҳои дигари узрнок муддати дуру дароз (на камтар аз чор моҳ пай дар пай) уҳдадориҳои худро иҷро накардани ӯ;

- риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

- бо сабаби ба кори дигар гузаштан;

- дар ҳолати вафоти ӯ.

  1. Ҳангоми ба вуҷуд омадани асосҳои дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда, то баррасии масъалаи пеш аз муҳлат бозхонд намудани раис, муовини раис ва аъзои Комиссия ваколатҳои онҳо бо қарори Комиссия боз дошта мешаванд.

БОБИ 4. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯ

Моддаи 16. Ташкили фаъолияти Комиссия 

Фаъолияти Комиссия тибқи Қонуни мазкур, санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастури Комиссия, инчунин санадҳое, ки Комиссия қабул кардааст, ташкил карда мешавад.

Моддаи 17. Шакли фаъолияти Комиссия 

  1. Фаъолияти Комиссия дар шакли ҷаласаҳо сурат мегирад. Дар ҷаласаҳо масъалаҳое, ки ба ваколати Комиссия дохиланд, мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
  2. Ҷаласаҳои Комиссия аз рӯи зарурат ва дар давраи интихобот ва раъйпурсӣ на камтар аз як маротиба дар як моҳ гузаронида мешаванд. 
  3. Ҷаласаҳои Комиссия дар сурати ҳузур доштани на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Комиссия баргузор мегарданд.

Моддаи 18. Қарорҳои Комиссия 

  1. Комиссия аз рӯи натиҷаи баррасии масъалаҳо қарор қабул намуда, иҷрои онро назорат мекунад. 
  2. Қарори Комиссия бо овоздиҳии ошкоро ва тарафдории аз нисф зиёди аъзои Комиссия қабул карда мешавад. Дар сурати баробар будани овозҳо, овози раисикунандаи ҷаласа ҳалкунанда мебошад. 

Моддаи 19. Иҷрои қарорҳои Комиссия 

  1. Иҷрои қарорҳои Комиссия, ки дар доираи ваколаташ қабул шудаанд, барои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои дигар ва шахсони мансабдор, номзадҳо, интихобкунандагон, ҳамчунин барои ҳамаи комиссияҳои интихобот ва раъйпурсӣ ҳатмӣ мебошанд. 
  2. Нисбат ба қарори Комиссия бо тартиби муқарраргардида ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ рӯзи баъди қабули он шикоят кардан мумкин аст.
  3. Комиссия ҳуқуқ дорад, ки доир ба масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ ба мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои дигар, шахсони мансабдор муроҷиат кунад ва онҳо уҳдадоранд, ки онро баррасӣ карда, ба Комиссия дар муҳлати на дертар аз се рӯз ҷавоб диҳанд.

Моддаи 20. Тартиби пешниҳоди муроҷиатҳо ба Комиссия 

Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ба Комиссия аз рӯи масъалаҳои ба ваколатҳои он дахлдошта муроҷиат намоянд. Муроҷиатҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, санадҳои қонунгузорӣ дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баррасӣ карда мешаванд.

Моддаи 21. Уҳдадориҳои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкил ва баргузории интихобот ва раъйпурсӣ

Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд дар ташкил ва баргузории интихобот ва раъйпурсӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссия мусоидат намоянд.

Моддаи 22. Уҳдадориҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ташкил ва баргузории интихобот ва раъйпурсӣ 

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ташкил ва баргузории интихобот ва раъйпурсӣ уҳдадоранд:

- дар муҳлат ва тартиби муқаррарнамудаи Комиссия маълумоти дахлдорро оид ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои дахлдор истиқомат карда, ҳуқуқи интихоб кардан ва раъй доданро доранд, пешниҳод намоянд;

- барои комиссияҳои дахлдори интихоботӣ ва раъйпурсӣ ҷойҳои мувофиқро барои ҷойгиршавӣ ва баргузории интихобот ва раъйпурсӣ ҷудо намоянд;

- комиссияҳои дахлдори интихобот ва раъйпурсиро бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намоянд;

- ба комиссияҳои дахлдори интихоботӣ барои баргузории вохӯрии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагон, инчунин вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотиро оид ба масъалаҳои дар раъйпурсӣ гузошташуда бо овоздиҳандагон толорҳои дахлдор ва ҷойи мувофиқ ҷудо намоянд;

- бо тартиби муқарраргардида номзадҳоро ба аъзои комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ ва раъйпурсӣ, инчунин комиссияҳои участкавии интихоботӣ ва раъйпурсӣ пешниҳод намоянд;

- уҳдадориҳои дигарро, ки дар қонунҳои конститутсионӣ оид ба интихобот ва раъйпурсӣ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, иҷро намоянд.

БОБИ 5. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОМИССИЯ

Моддаи 23. Ҳамкорӣ бо мақомот оид ба интихобот дар давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои (ассотсиатсияҳои) байналмилалӣ

  1. Комиссия метавонад бо мақомот оид ба интихобот дар давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои (ассотсиатсияҳои) байналмилалӣ оид ба масъалаҳои интихобот ҳамкорӣ намояд.
  2. Комиссия бо тартиби муқарраргардида метавонад ба созмонҳои (ассотсиатсияҳои) байналмилалии соҳавӣ ҳамроҳ шавад.

Моддаи 24. Иштироки узви Комиссия дар ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ 

Узви Комиссия бо тартиби муқарраргардида метавонад ба сифати мушоҳиди байналмилалӣ дар ташкил ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсии давлатҳои хориҷӣ иштирок намояд.

БОБИ 6. ДАСТГОҲИ КОМИССИЯ ВА ТАЪМИНОТИ МОДДИЮ МОЛИЯВИИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯ

Моддаи 25. Дастгоҳи Комиссия 

  1. Барои таъмини фаъолияти Комиссия дастгоҳи Комиссия таъсис дода мешавад. 
  2. Кормандони дастгоҳи Комиссия хизматчиёни давлатӣ мебошанд.
  3. Дастгоҳи Комиссия тибқи Низомномаи он таъминоти ташкилӣ - методӣ, иттилоотӣ-таҳлилӣ ва моддӣ-техникии фаъолияти Комиссияро амалӣ менамояд. Комиссия Низомномаи дастгоҳи Комиссияро тасдиқ менамояд. 
  4. Сохтор ва шумораи воҳидҳои кории дастгоҳи Комиссия бо пешниҳоди раиси Комиссия аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. 

Моддаи 26. Маблағгузории фаъолияти Комиссия

  1. Маблағгузории фаъолияти Комиссия аз ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  2. Дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар сатри алоҳида маблағҳои зарурии таъмини фаъолияти Комиссия пешбинӣ карда мешавад.
  3. Молу мулке, ки барои фаъолияти Комиссия зарур аст, дар идоракунии оперативии Комиссия буда, моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 27. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 28. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

               Президенти 

     Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                 Эмомалӣ РАҲМОН

 

             ш. Душанбе,

         19 июли соли 2019,

                 № 1642

 

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 14/01/2020 - 11:55
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Рақам: 
1042
Мақомот: 
Шурои Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
21.07.1994
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, № 13, мод. 195; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 9, мод. 238; с. 2005, № 12, мод. 626; с. 2018, № 2, мод. 60, №9-10, мод. 580)
(Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.1999 № 834, аз 28.12.2005 № 140, аз 21.02.2018 № 1507, аз 19.07.2019 № 1638)
I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешавад.
Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Қисми сеюм ва чоруми модда хориҷ карда шуд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834).
Вайрон кардани талаботи ин модда боиси беэътибор дониста шудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834).
Моддаи 1(1). Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Моддаи 2. Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқи дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданро доранд Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо мекунанд, ҳуқуқи дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданро надоранд Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Ҳар гуна маҳдудкунии ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайр аз ҳолатҳое, ки Қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ кардааст, манъ аст (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Моддаи 3. Принсипҳои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи пешазинтихоботӣ овоздиҳӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурӣ ихтиёрӣ ва дар асосҳои баробар иштирок мекунанд.
Овоздиҳӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурӣ пинҳонӣ мебошад ва шаҳрвандон онро бевосита амалӣ менамоянд. Ҳар шаҳрванд як овоз дорад.
Назорат ба изҳори иродаи шаҳрвандон мумкин нест.
Моддаи 4. Ошкорбаёнӣ дар тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки дар ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд, фаъолияти худро шаффоф ва ошкоро амалӣ менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140, аз 21.02.2018 № 1507).
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқӣ озодона ташвиқот бурданро кафолат медиҳад Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Ташвиқот дар рӯзи овоздиҳӣ манъ аст.
Ҳамаи қарорҳои мақомоти дахлдор оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ҳафт рӯз аз лаҳзаи қабул шуданашон нашр ва ба воситаи радио ва телевизион пахш карда мешаванд.
Комиссияҳои интихоботӣ дар бораи ҳайати худ, маҳалли ҷойгиршавии участкаҳои интихоботӣ, вақти кори он ва руйхати интихобкунандагон ба аҳолӣ сари вақт хабар медиҳанд Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Дар вақти маҷлисҳои комиссияҳои интихоботӣ, ҳангоми овоздиҳӣ, вақти ҳисобкунии овозҳо дар участкаҳои интихоботӣ, инчунин ҳангоми муайян кардани натиҷаи овоздиҳӣ ҳуқуқ доранд як нафари намоянда аз ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, аз мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлисҳои вакилони ҳалқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки номзадҳоро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардаанд, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дар сурати зарурат мушоҳидон аз давлатҳои дигар ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намоянд. Намояндагон бояд ҳуҷҷатеро, ки аз тарафи ташкилотҳои онҳоро фиристода ва ваколатҳои онҳоро тасдиқ карда дода шуда, ки шакли онро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муайян кардааст, дошта бошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834, аз 28.12.05с. № 140, аз 21.02.2018 № 1507).
Ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлисҳои вакилони ҳалқи шаҳру ноҳияҳои  тобеи ҷумҳурӣ, ки номзадҳоро ба мансаби Президенти пешбарӣ кардаанд, камаш даҳ рӯз пеш аз интихобот дар бораи намояндаҳои худ ба комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ хабар медиҳанд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834, аз 21.02.2018 № 1507).
Дахолати мустақим ё ғайримустақими намояндагон ва мушоҳидони миллию байналмилалӣ дар ҷараёни овоздиҳӣ ва фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ манъ аст (Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140).
Моддаи 4(1). Мақом ва ваколатҳои мушоҳидони миллӣ
(Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507)
Ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ, ки бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин Маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраргардида рӯйхати мушоҳидони миллиро ба комиссияҳои дахлдори ҳавзавии интихобот барои бақайдгирӣ пешниҳод намоянд. Мушоҳидони миллӣ дар рӯзи интихобот дар биноҳои овоздиҳӣ рафти интихоботро мушоҳида мекунанд.
Фаъолияти мушоҳидони миллӣ баъди бо қарори комиссияҳои дахлдори ҳавзавии интихобот тасдиқ гардидани рӯйхати онҳо оғоз ёфта, пас аз эълон гардидани натиҷаи пешакии интихобот қатъ мегардад.
Мушоҳидони миллӣ ҳуқуқ доранд:
- бо рӯйхати интихобкунандагон шинос шаванд; - дар хонаи овоздиҳӣ аз оғоз то анҷоми кори комиссияи участкавии интихобот ҳузур дошта бошанд;
- супоридани бюллетенҳои овоздиҳиро ба интихобкунандагон мушоҳида кунанд;
- ҳангоми овоздиҳии интихобкунандагон берун аз ҳуҷраи овоздиҳӣ ҳузур дошта бошанд;
- ҳисоби шумораи бюллетенҳои аз ҳисоб баровардашуда, бюллетенҳои дар қуттии овоздиҳӣ мавҷудбуда, ҳисоби овозҳои интихобкунандагонро дар шароите, ки ба мушоҳидаи ҷараёни ҳисоби бюллетенҳои овоздиҳӣ имкон медиҳад, мушоҳида намоянд;
- бо протоколҳои комиссияҳои участкавии интихобот оид ба натиҷаи овоздиҳӣ ва комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар бораи натиҷаи интихобот шинос шаванд;
- аз қарор ва амали (беамалии) комиссияи интихобот ба комиссияи болоии интихобот ва ё суд шикоят намоянд;
- ҳангоми ҳисоби такрории овозҳои интихобкунандагон дар комиссияҳои дахлдори интихобот ҳузур дошта бошанд.
Мушоҳидони миллӣ ҳуқуқ надоранд:
- бюллетенҳои овоздиҳиро ба интихобкунандагон супоранд;
- бо хоҳиши интихобкунанда барои гирифтани бюллетен имзо гузоранд;
- бо хоҳиши интихобкунанда бюллетенро пур кунанд;
- амале содир намоянд, ки махфӣ будани овоздиҳиро халалдор созад;
- бевосита дар ҳисоби бюллетенҳо, ки аз тарафи аъзои комиссияи интихобот анҷом дода мешавад, иштирок намоянд;
- амале содир намоянд, ки ба кори комиссияи интихобот монеа шавад ва ё дар қабули қарори комиссияи дахлдори интихобот иштирок намоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Моддаи 4(2). Мақом ва ваколатҳои мушоҳидони байналмилалӣ
(Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507)
Бо мақсади мушоҳидаи интихобот, гузарондани он дар шароити шаффоф ва ошкоро, мушоҳидони байналмилалӣ даъват карда мешаванд.
Фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ баъди аккредитатсияи онҳо аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, пас аз эълон гардидани натиҷаи пешакии интихобот қатъ мегардад.
Мушоҳидони байналмилалӣ ҳангоми доштани даъватнома бо тартиби муқарраргардида дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия карда мешаванд. Даъватнома аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди нашри расмии қарор дар бораи таъини рӯзи интихобот фиристода мешавад.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба мушоҳидони байналмилалӣ дар бораи аккредитатсияи онҳо шаҳодатномаи намунаи муқарраргардидаро медиҳад. Шаҳодатномаи мазкур ба мушоҳидони байналмилалӣ ҳуқуқ медиҳад, ки рафти омодагӣ ва гузарондани интихоботро мушоҳида намоянд. Мушоҳидони байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зери ҳимояи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Мушоҳидони байналмилалӣ фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи Қонуни конститутсионии мазкур озодона анҷом медиҳанд. Таъминоти моддию молиявии фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ аз ҳисоби тарафе, ки онҳоро фиристодааст ё аз ҳисоби маблағи худи онҳо анҷом дода мешавад.
Мушоҳидони байналмилалӣ ҳуқуқ доранд:
- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои дигареро, ки ҷараёни интихоботро танзим менамоянд, дастрас намоянд;
- бо ҳизбҳои сиёсие, ки дар интихобот ширкат доранд ва бо номзадҳои алоҳида вохӯрии расмӣ доир намоянд;
- дар участкаи интихоботӣ ва бинои овоздиҳӣ, аз ҷумла дар рӯзи овоздиҳӣ ҳузур дошта бошанд;
- ҷараёни овоздиҳӣ, ҳисоби овозҳо ва муайян намудани натиҷаи онҳоро дар шароите, ки ба мушоҳидаи ҳисоби бюллетенҳо имкон медиҳад, мушоҳида намоянд;
- бо натиҷаи баррасии шикоятҳо (аризаҳо) ва эродҳо вобаста ба вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба интихобот шинос шаванд;
- ба намояндагони комиссияҳои интихобот бе дахолат ба кори онҳо оид ба мушоҳидаҳои худашон иттилоъ диҳанд;
- баъди ба анҷом расидани овоздиҳӣ ақидаи худро оид ба омодагӣ ва гузарондани интихобот ошкоро изҳор намоянд;
- оид ба мушоҳидаи ҷараёни интихобот ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи худро пешниҳод кунанд. Мушоҳидони байналмилалӣ ҳуқуқ надоранд:
- ҳангоме, ки интихобкунанда дар бюллетенҳои интихобот қайдҳои худро мегузорад, дар ҳуҷраи овоздиҳӣ ҳозир бошанд;
- ба интихобкунандагон таъсир расонанд, ягон хел мавод ё адабиёти тарғиботӣ паҳн намоянд;
- нисбат ба ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тартиби гузарондани интихобот афзалиятеро баён намоянд;
- аз интихобкунандагон ба тарафдории кӣ овоз додани онҳоро пурсанд;
- дар хулосаи худ аз ҳолатҳое, ки бо ҳуҷҷатҳо асоснок нагардидаанд ва қобили санҷиш нестанд, истифода баранд;
- мақоми худро барои содир кардани амале, ки ба мушоҳидаи рафти интихобот вобаста нест, истифода баранд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи мушоҳидони байналмилалӣ риоя нагардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳо ва меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ аккредитатсияи онҳоро бекор менамояд.
Мушоҳидони байналмилалӣ уҳдадоранд:
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, риоя намоянд;
- бо худ шаҳодатномаи мушоҳиди байналмилалиро дошта бошанд ва онро бо талаби комиссияи интихобот нишон диҳанд;
- вазифаҳои худро дар асоси принсипҳои бетарафии сиёсӣ, беғаразӣ, худдорӣ аз изҳори ҳама гуна афзалият, баҳодиҳӣ ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ, мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигар, шахсони мансабдор ва иштирокчиёни дигари ҷараёни интихобот анҷом диҳанд;
- ба ҷараёни интихобот дахолат накунанд;
- хулосаҳои худро дар асоси мушоҳида ва маводи воқеӣ таҳия намоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Моддаи 5. Таъминоти моддии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хароҷоти вобаста бо тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834, аз 21.02.2018 № 1507).
Раиси шаҳр, ноҳия дар асоси пешниҳоди комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба ташкили участкаҳои интихобот дар муддати се рӯз ҳар як участкаи интихоботиро барои гузарондани интихобот бо бино ройгон таъмин менамояд. Биноҳо ва таҷҳизоти корхонаҳо ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои кори комиссияи интихоботӣ дар асоси иҷора аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ истифода бурда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140, аз 21.02.2018 № 1507).
Ҳама гуна иштироки мустақим ва ё ғайримустақими давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар маблағгузорӣ ва намуди дигари дастгирии моддии маъракаи интихоботии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
II. ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 6. Таъин намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз ду моҳи ба охир расидани муҳлати ваколатҳои Президенти Чумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834, аз 28.12.05с. № 140, аз 21.02.2018 № 1507).
Дар сурати пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати се моҳ интихоботи Президенти Ҷyмҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Хабар дар бораи рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбуот чоп карда мешавад.
Моддаи 7. Ташкили интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ташкили интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи комиссияҳои интихоботӣ гузошта мешавад. Комиссияҳои интихоботӣ ба таври дастаҷамъӣ кор мекунанд. Тайёрӣ ва гузаронидани интихобот аз тарафи комиссияҳои интихоботӣ шаффоф ва ошкоро амалӣ карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Моддаи 8. Ташкили ҳавзаҳои интихоботӣ
Ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ташкил карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834).
Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ бо зикри ҳудудҳои онҳо вa шумораи интихобкунандагон аз тарафи Комиссияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсӣ на дертар 50 рӯз пеш аз интихобот чоп карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834, аз 21.02.2018 № 1507).
Моддаи 9. Ташкили участкаҳои интихоботӣ
Участкаҳои интихоботӣ аз тарафи Комиссияи ҳавзавии интихоботӣ бо пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳо на дертар аз 40 рӯз пеш аз рӯзи интихобот аз ҳисоби аз 20 то 3000 интихобкунанда дар як участка ташкил карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834).
Участкаҳои интихоботӣ бо назардошти ҳудудҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳои шаҳрӣ бо мақсади фароҳам сохтани шароити бештари муносиб барои интихобкунандагон ташкил карда мешаванд. Участкаҳои интихоботӣ инчунин дар қисмҳои ҳарбӣ ташкил карда шуда, мувофиқи маҳалли воқеъгардидаи қисмҳо ба ҳавзаҳои интихоботӣ дохил мешаванд. Ҳудудҳои участкаҳои интихоботӣ набояд сарҳадҳои ҳавзаҳои интихоботиро бурида гузаранд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Участкаҳои интихоботи метавонанд дар дармонгоҳҳо, хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои табобатӣ, дар маҳалли буду боши шаҳрвандон, ки дар ноҳияҳои дурдаст ва душворгузар воқеъ гардидаанд, ташкил карда шаванд. Ин участкаҳои интихоботӣ ба ҳавзаҳои интихоботи мувофиқи маҳалли воқеъгардидаашон дохил мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140).
Комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ бохабаркунии интихобкунандагонро дар бораи ҳудудҳои ҳар участкаи интихоботӣ бо зикри маҳалли ҷойгиршавии комиссияи участкавии интихоботӣ ва бинои овоздиҳӣ ташкил менамоянд. Бинои овоздиҳии ҳар участкаи интихоботиро Раиси шаҳр, ноҳия ҷудо мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834).
Дар назди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ (минбаъднамояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ) участкаҳои интихобот бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе назардошти талаботи қисмҳои якум ва дуюми моддаи мазкур ташкил карда шуда, вазифаҳои раиси комиссияи участкавии интихоботро роҳбари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати хориҷӣ иҷро менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Масъалаи ба ҳавзаи интихоботӣ бақайдгирии участкаи интихоботӣ, ки дар хориҷи Тоҷикистон воқеь гардидааст, аз тарафи Комиссияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсӣ ҳал карда мешавад.
III. КОМИССИЯҲОИ ИНТИХОБОТӢ ОИД БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 10. Низоми комиссияҳои интихоботӣ
(Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507)
Барои ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои зерин таъсис дода мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507):
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834);
Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140);
Комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140).
Моддаи 11. Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мақоми доимоамалкунанда мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ташкил мегардад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834).
Фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонун танзим менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Моддаи 12. Ваколатҳои Комиссияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсӣ
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дорои чунин ваколатҳо мебошад:
1) дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ ба иҷрои Қонуни конститутсионии мазкур назорат мекунад ва татбиқи якхелаи онро таъмин менамояд, дар ҳудуди ваколатҳои худ оид ба масъалаҳои ташкили интихобот қцарор қабул мекунад, дастурамал мебарорад ва тавзеҳот медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140, аз 21.02.2018 № 1507);
2) ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил медиҳад, онҳоро номгузорӣ ва рақамгузорӣ мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507);
3) комиссияи ҳавзавии интихобот ташкил медиҳад ва дар бораи маҳалли ҷойгиршавии онҳо маълумот нашр менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140, аз 21.02.2018 № 1507);
4) ба кори комиссияи интихоботӣ роҳбарӣ мекунад, тартиби ба ҳайати онҳо дохил намудани тағйиротро муайян мекунад, қарорҳои комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сурате, ки бо Қонуни конститутсионии мазкур ихтилоф дошта бошанд, бекор менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507);
5) масъалаҳои ба қайди ҳавзаи интихоботӣ гирифтани участкаҳои интихоботиро, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мешаванд, ҳал мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507);
6) барои иштироки номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи интихоботӣ шароити баробар муҳайё месозад;
77) тартиби иштироки мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ва маҳаллиро дар маъракаи интихоботӣ бо қарори худ муқаррар мекунад ва онҳоро бо шаҳодатномаи дахлдор таъмин менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507);
8) бо тартиби муқарраргардида маблағҳоро дар байни комиссияҳои интихоботӣ тақсим мекунад, ба таъмин карда шудани комиссияҳои интихоботӣ бо бино, нақлиёт ва воситаҳои алоқа назорат мекунад, дигар масъалаҳои таъминоти моддию техникии интихоботро ҳал менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507);
9) шакл ва матни бюллетени интихоботро оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯйхати интихобкунандагон, варақаҳои интихобот, протоколҳои маҷлисҳои Комиссияҳои интихоботӣ, дигар ҳуҷҷатҳои интихобот, намунаҳои қуттиҳои интихобот ва мӯҳри комиссияҳои интихоботӣ, тартиби ҳифзи ҳуҷҷатҳои интихоботиро муқаррар мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507);
10) ахбороти роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, дигар мақомоти давлатӣ ва мақомоти идтиҳодияҳои ҷамъиятиро оид ба масъалаҳои вобаста ба тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мешунавад (Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140);
11) номзадҳоро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд мегирад, натиҷаҳои интихоботро дар тамоми ҷумҳурӣ ҷамъбаст менамояд, маълумотро доир ба ҷамъбасти интихобот дар матбуот чоп мекунад, Президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қайд мегирад, ба ӯ шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашро месупорад;
12) ариза ва шикоятҳоро доир ба қарор ва амали (беамалии) комиссияҳои интихоботӣ баррасӣ менамоянд ва аз рӯи онҳо қарор қабул мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507);
13) ба мақомоти прокуратура дар бораи вайрон карда шудани Қонуни конститутсионӣ "Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад, маълумот медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834, аз 21.02.2018 № 1507);
14) ба бойгонӣ супурдани ҳуҷҷатҳои вобаста ба гузаронидан ва ташкили интихоботро таъмин менамояд;
15) овоздиҳии такрорӣ, интихоботи такрориро ташкил мекунад;
16) дигар ваколатҳоро мувофиқи Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Маҷлисҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар он сурат боэътибор шумурда мешаванд, ки агар дар онҳо на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати аслии комиссия дар рӯзи ҷаласа ҳузур дошта бошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834).
Моддаи 13. Ташкили комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140)
Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва раъйпурсӣ на дертар аз 45 рӯз пеш аз интихобот дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва камаш чор нафар аъзо ташкил карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140, аз 21.02.2018 № 1507).
Моддаи 14. Ваколатҳои комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140)
Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои чунин ваколатҳо мебошад:
1) ба иҷрои Қонуни конститутсионии мазкур дар ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ назорат мекунад ва татбиқи якхелаи онро таъмин менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507);
2) ба кори комиссияҳои участкавии интихобот роҳбарӣ мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507);
3) бо тартиби муқарраргардида маблағҳоро дар байни комиссияҳои участкавии интихобот тақсим мекунад, ба таъмин карда шудани комиссияҳои участкавии интихобот бо бино, нақлиёт, воситаҳои алоқа назорат мекунад ва дигар масъалаҳои таъминоти моддӣ-техникии интихоботро дар ҳавзаи интихоботӣ баррасӣ менанамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507);
4) барои иштироки номзадхо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи интихоботӣ шароити баробар таъмин мекунад;
5) ахбори намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идораи давлатӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро оид ба масъалаҳои вобаста ба тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мешунавад (Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140).
6) ба тартиб додани рӯихати интихобкунандагон ва пешниҳоди онҳо барои шиносоии умумӣ назорат мекунад;
7) натиҷаҳои интихоботро дар ҳавза ҷамъбаст мекунад ва ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ месупорад;
8) ариза ва шикоятҳоро доир ба қарорҳо ва амали (бамалии) комиссияҳои участкавии интихобот баррасӣ мекунад ва аз рӯи онҳо қарор қабул мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140, (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507);
9) ваколатҳои дигарро мувофиқи Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Моддаи 15. Ташкили комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140)
Комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи комиссияи ҳавзавии интихобот бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ташкил карда мешаванд. Комиссияи участкавии интихобот на дертар аз 35 рӯз то интихобот дар ҳайати 5 - 19 аъзо, аз ҷумла раис, муовини раис ва котиб ташкил карда мешавад. Агар комиссия дар ҳайати то 7 нафар ташкил карда шавад, он гоҳ раис ва котиб интихоб мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140, аз 21.02.2018 № 1507).
Дар мавридҳои зарурӣ шумораи ҳайати комиссияи участкавии интихобот метавонад зиёд ё кам карда шавад (Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140, аз 21.02.2018 № 1507).
Моддаи 16. Ваколатҳои комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140)
Комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои зайл мебошад (Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140).
1) рӯихати интихобкунандагонро дар участка тартиб медиҳад;
2) интихобкунандагонро бо рӯихати интихобкунандагон шинос мекунад аризаҳоро дар бораи саҳву ғалатҳои руйхат қабул ва бappaси намуда, масъалаи ба рӯйхат дохил намудани тағйироти дахлдорро ҳал мекунад;
3) лифофаҳои интихоботии интихобкунандагонеро, ки наметавонанд дар рӯзи интихобот дар маҳалли зисти худ бошанд ва дар овоздиҳӣ иштирок намоянд, қабул мекунад;
4) ба аҳолӣ дар бораи рӯзи интихобот ва маҳалли овоздиҳӣ хабар медиҳад;
5) омодасозии бинои овоздиҳӣ, қуттиҳои овоздиҳӣ ва дигар таҷҳизоти интихоботиро таъмин мекунад;
6) овоздиҳиро дар участкаи интихоботӣ дар рӯзи интихобот ташкил медиҳад;
7) овозҳоеро, ки дар участкаи интихоботӣ дода шудаанд, ҳисоб мекунад;
8) ариза ва шикоятҳоро оид ба масъалаҳои тайёрии интихобот, ташкили овоздиҳӣ баррасӣ карда, аз рӯи онҳо қарор қабул менамояд;
9) ваколатҳои дигарро мувофиқи Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Моддаи 17. Узвият дар комиссияҳои интихоботӣ
Узви комиссияи интихобот ҳангоми иҷрои ваколатҳояш бояд бетараф ва холис бошад, набояд дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ иштирок кунад, супоришҳои онро иҷро намояд ва дар тарғибу ташвиқи пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда ширкат варзад (Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1638).
Узви комиссия бо аризаи шахсӣ, инчунин дар сурати аз ваколат маҳрум карда шуданаш, аз иҷрои вазифаи худ озод карда шуда метавонад.
Барои узви комиссияро аз ваколат маҳрум кардан, дар сурате, ки вай талаботи Қонуни конститутсионии мазкурро вайрон ё мунтазам ба вазифаи худ беэътиноӣ карда бошад, мақоме ҳуқуқ дорад, ки комиссияро ташкил додааст (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Даp мавриди зарурат узви нави комиссияи интихоботӣ ба тартибе, ки Қонуни конститутсионии мазкур муқаррар кардааст, таъин карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо, инчунин судяҳо, прокурорҳо, кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мушоҳидони миллӣ аъзои комиссияи интихоботӣ буда наметавонанд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Як шахс узви фақат як комиссияи интихоботӣ буда метавонад.
Моддаи 18. Ташкили кор ва мӯҳлати ваколати комиссияҳои интихоботӣ
Маҷлиси комиссияи интихоботӣ он гоҳ босалоҳият дониста мешавад, ки агар дар он на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати аслии комисия, ки дар рӯзи маҷлис ҳузур доранд, иштирок карда бошанд. Қарори комиссия дар овоздиҳии кушод бо аксарияти овози аъзои комиссия, ки дар маҷлис иштирок намудаанд, қабул карда мешавад. Аъзои комиссия, ки бо қарори он норозианд, ҳуқуқ доранд фикри махсуси худро изҳор намоянд, ки он ба таври хаттӣ ба протокол замима карда мешавад. Дар сурати тақсими овозҳо овози раисикунанда ҳалкунанда мебошад.
Иҷрои қарори комиссияи интихоботӣ, ки дар доираи ваколатҳои он қабул карда шудааст, барои комиссияҳои интихоботии поёнӣ, инчунин барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва қисмҳои ҳарбӣ, роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ҳатмӣ мебошад.
Мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор бояд ба комиссияҳои интихоботӣ дар иҷрои ваколатҳояшон мусоидат намоянд, маълумотҳоеро, ки барои кори онҳо зарур аст, дар ихтиёрашон гузоранд (Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140).
Мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо бино ва таҷҳизотеро, ки барои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот заруранд, ройгон дар ихтиёри комиссияҳои интихоботӣ қарор медиҳанд.
Комиссияи интихоботӣ ҳуқуқ дорад оид ба масъалаҳои вобаста бо тайёрӣ ва гузаронидани интихобот ба мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор муроҷиат кунад, ки онҳо бояд масъалаи ба миён гузошташударо баррасӣ намуда, дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз ба комиссияи интихоботӣ ҷавоб диҳанд (Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140).
Узви комиссияи интихоботӣ бо қарори он дар давраи тайёрӣ ва гузаронидани интихобот аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматӣ бо ҳифзи маоши миёна аз ҳисоби маблағе, ки барои гузаронидани интихобот ҷудо карда шудааст, озод карда шуда метавонад.
Мӯҳлати ваколати комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ ва участкавӣ баъди ба вазифа шурӯ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима меёбад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834).
Моддаи 19. Баррасии шикоят нисбати қарорҳои комиссияҳои интихоботӣ
Мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро пешбарӣ кардаанд, худи номзадҳо ва прокурор нисбати қарорҳои комиссияҳои интихоботӣ дар давоми даҳ рӯзи баъд аз қабули онҳо ба комиссияи интихоботии болоӣ ё ба суд шикоят карда метавонанд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Нисбати қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ рӯз баъди қабул карда шудани қарор шикоят кардан мумкин аст. Шикоят бояд дар давоми се рӯзи баъди ворид шуданаш, агар то рӯзи интихобот камтар аз шаш рӯз монда бошад-фаврӣ мавриди баррасӣ қарор дода шавад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834).
IV. РӮЙХАТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН
Моддаи 20. Рӯйхати интихобкунандагон ва тарзи тартиб додани он
Рӯйхати интихобкунандагон аз тарафи комиссияҳои участкавии интихоботӣ доир ба ҳар участкаи интихоботӣ тартиб дода шуда аз тарафи раис ва котиби комиссияи участкавии интихоботӣ бо имзо ва муҳр тасдиқ карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Рӯйхати интихобкунандагон аз рӯи маҳалли истиқомат дар асоси маълумот дар бораи интихобкунандагон, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод кардаанд, тартиб дода мешавад. Комиссияи участкавии интихобот барои барӯйхатгирии интихобкунандагон намояндагони мақомот, муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ҷалб карда метавонад. (Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140, аз 21.02.2018 № 1507).
Рӯйхати интихобкунандагон на камтар аз 15 рӯз баъд аз ташкили комиссияҳои участкавии интихобот тартиб дода шуда, дар он насаб, ном ва номи падар, соли таваллуд ва суроғаи интихобкунанда нишон дода мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Рӯйхати интихобкунандагон-хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар қисмҳои ҳарбӣ мебошанд, инчунин аъзои оилаҳои онҳо ва интихобкунандагони дигар, ки дар маҳалҳои воқеъ гардидани қисмҳои ҳарбӣ зиндагӣ мекунанд, дар асоси маълумоте, ки фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ пешниҳод мекунанд, тартиб дода мешавад. Хизматчиёни ҳарбӣ, ки берун аз қисмҳои ҳарбӣ зиндагӣ мекунанд, ба рӯйхати интихобкунандагон мувофиқи маҳалли истиқомат дар асосҳои умумӣ дохил карда мешаванд.
Рӯйхати интихобкунандагон аз рӯи участкаҳои интихоботӣ, ки дар дармонгоҳҳо, профилакторияҳо, хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва дар дигар муассисаҳои табобатию пешгирикунанда, инчунин дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ ташкил карда шудаанд, дар асоси маълумотҳое, ки роҳбарони муассисаҳои мазкур пешниҳод мекунанд, тартиб дода мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140).
Рӯйхати интихобкунандагон дар шакле, ки барои ташкили овоздиҳӣ муносиб аст, тартиб дода мешавад.
Моддаи 21. Ба рӯйхати интихобкунандагон дохил намудани шаҳрвандон
Ба рӯйхати интихобкунандагон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи дар овоздиҳӣ иштирок кардан доранд, дохил карда мешаванд.
Ба рӯйхати интихобкунандагон аз рӯи маҳалли истиқомат шаҳрвандоне дохил карда мешаванд, ки дар вақти тартиб додани рӯйхат дар ҳудуди участкаҳои дахлдори интихоботӣ доимӣ ё муваққатӣ зиндагӣ мекунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Бa рӯйхати интихобкукандагон аз рӯи участкаҳои интихоботӣ, ки дармонгоҳҳо, профилакторияҳо, хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои табобатию профилактикӣ ташкил карда шудаанд, ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар рӯзи гузаронидани интихобот дар маҳалҳо ва муассисаҳои мазкур мебошанд, дохил карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат ба як рӯйхати интихобкунандагон дохил карда мешавад.
Шаҳрвандоне, ки ба участкаи интихоботӣ баъди барои шиносоии умумӣ гузоштани рӯйхати интихобкунандагон омадаанд, ба рӯйхати иловагӣ дохил карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Моддаи 22. Шинос намудани шаҳрвандон бо рӯйхати интихобкунандагон
Рӯйхати интихобкунандагон дар участкаҳои интихоботӣ, ки аз рӯи маҳалли истиқомат тартиб дода шудааст, 15 рӯз пеш аз овоздиҳӣ, дар дигар участкаҳои интихоботӣ,  ки дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, санаторияҳо, хонаҳои истироҳат, беморхона ва табобатгоҳҳои дигари доимӣ, маҳалҳои дурдасту душворгузар ташкил гардидаанд, ду рӯз пеш аз овоздиҳӣ барои шиносоии умумӣ пешниҳод карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Ба шаҳрвандон имконият муҳайё карда мешавад, ки дар бинои комиссияҳои участкавии интихоботии дахлдор бо рӯйхати интихобкунандагон шинос шаванд, инчунин дурустии маълумотҳои дар бораи интихобкунандагони ба рӯйхат дохил кардашударо тафтиш намоянд.
Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар хусуси ба рӯйхат дохил нашудан, нодуруст ба рӯйхат дохил шудан ё аз рӯйхат баровардан, инчунин саҳву хатои маълумот оид ба интихобкунанда шикоят кунад. Ариза дар бораи зарурати даровардани ислоҳ ба рӯйхат аз тарафи комиссияи участкавии интихоботӣ дар муддати на дертар аз се рӯз ва дар арафа ва рӯзи овоздиҳӣ-фавран мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар сурати рад кардани ариза комиссияи участкавии интихоботӣ фавран ба аризадиҳанда нусхаи қарори асоснокро дар бораи рад карда шудани аризааш медиҳад. Нисбати қарор ба комиссияҳои интихоботии болоӣ ё ба суд шикоят кардан мумкин аст, ки он дар давоми се рӯз, дар арафа ва рӯзи интихобот-фавран баррасӣ намуда, қарори қатъӣ қабул мекунад. Дар сурате, ки барои аризадиҳанда қарори мусбат қабул карда шавад. Комиссияи участкавии интихоботӣ фавран ба рӯйхати интихобкунандагон ислоҳ медарорад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834, аз 21.02.2018 № 1507).
Моддаи 23. Шаҳодатнома барои ҳуқуқи овоздиҳӣ
Дар сурате, ки интихобкунанда дар давраи байни пешниҳод кардани рӯйхати интихобкунандагон барои шиносоии умумӣ ва рӯзи интихобот ҷои будубоши худро тағйир диҳад, Комиссияи участкавии интихоботӣ бо хоҳиши интихобкунанда ва бо пешниҳод намудани ҳуҷҷат, ки шахсияти ӯро тасдиқ мекунад, ба интихобкунанда шаҳодатномаи ҳуқуқи овоздиҳӣ медиҳад. Зимнан дар рӯйхати интихобкунандагон қайди дахлдор карда мешавад. Бо пешниҳод кардани шаҳодатномаи ҳуқуқи овоздиҳӣ Комиссияи участкавии интихоботӣ дар рӯзи овоздиҳӣ интихобкунандаро ба рӯйхати иловагии интихобкунандагон дар участкаи интихоботии маҳалли будубоши вай дохил мекунад.
V. ПЕШБАРӢ ВА БА ҚАЙДГИРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 24. Пешбарӣ намудани номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудаанд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар анҷуманҳо, конференсияҳои онҳо мувофиқи оинномаашон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин маҷлиси намояндагони вакилони халқи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ пешбарӣ карда мешаванд. Mеъёри намояндагӣ ва тартиби ташкил ва гузаронидани Маҷлиси намояндагони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муайян мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834, аз 28.12.05с. № 140, аз 21.02.2018 № 1507).
Аз тарафи ҳар ҳизби сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятхо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлиси вакилони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фақат як нафар номзад ба мансаби Президент пешбарӣ шуда метавонад (Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140).
Қарор дар бораи пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксарияти овози шумораи умумии вакилони анҷуман ё конференсияи ҳизби сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, бо аксарияти овози шумораи умумии вакилони халқи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин бо аксарияти овози шумораи умумии намояндагони вакилони Маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қабул карда мешавад. Шакли овоздиҳиро мақоми дахлдоре, ки номзадро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардааст, муайян менамояд. Дар бораи пешбарии номзад протокол тартиб дода мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834).
Номзади ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбаришуда бояд аз тарафи панҷ фоизи шумораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи интихобот доранд, тарафдорӣ карда шавад.
Ҷамъоварии имзои шаҳрвандон ба тарафдории номзади пешбаришаванда мувофиқи тартиб ва мӯҳлате, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муқаррар кардааст, сурат мегирад.
Пешбарӣ намудани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Toҷикистон, ки хилофи Қонуни конститутсионии мазкур гузаронида шудааст, беэътибор дониста мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Пешбарӣ намудани номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 50 рӯз гузаронида шуда, на дертар аз 30 рӯз то интихобот ба охир мерасад.
Шумораи умумии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда намешавад.
Қарор дар бораи пешбарӣ намудани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз баъди қабул кардани он, фиристода мешавад. Дар бораи қарори қабул кардашуда ба номзад ба мӯҳлати на дертар аз ду рӯз хабар дода мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834).
Ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Маҷлиси намояндагони вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки номзадҳоро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбарӣ кардаанд, ҳуқуқ доранд ҳар вақт то интихобот қарори худро дар бораи пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор кунанд. Ин гуна қapop ба тартибе, ки барои пешбарӣ кардани номзадҳо муқаррар гардидааст, қабул карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834, аз 21.02.2018 № 1507).
Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар вақт метавонад аз номзадии худ даст кашида, дар ин бора ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо ариза муроҷиат намояд.
Ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандоне, ки барои содир намудани ҷиноят маҳкум шудаанд, новобаста ба барҳам хӯрдан ё бардоштани доғи судиашон, инчунин ходимони иттиҳодияҳои динӣ пешбарӣ шуда наметавонанд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Дар сурате, ки ягон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда нашуда бошад ё ҳамаи номзадҳои пешбаришуда номзадии худро пас гирифта бошанд, номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда мешаванд. Дар ин сурат номзадҳое пешбаришуда ҳисоб мешаванд, ки дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ аз тарафи аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда шудаанд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834, аз 28.12.05с. № 140).
Моддаи 25. Бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо
Бақайдгирии номзадҳои ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбаришуда ва шахсони боэътимоди онҳо аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар давоми се рӯз аз лаҳзаи расидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, вале на дертар аз 25 рӯз то интихобот сурат мегирад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834).
Қарор дар бораи бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати мавҷуд будани чунин ҳуҷҷатҳо қабул карда мешаванд:
- протоколи маҷлиси мақоми олии (анҷумани, конференсияи) ҳизби сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ҷаласаҳои Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе, Маҷлисҳои намояндагони вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834, аз 28.12.05с. № 140);
- нусхаи шиноснома (корти идентификатсионӣ) (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507);
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507);
- маълумотномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507);
- маълумотнома аз ҷойи истиқомат (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507);
- нусхаи ҳуҷҷати расмие, ки доштани таҳсилоти олиро тасдиқ мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507);
- хулосаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар хусуси муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507);
- маълумот оид ба надоштани доғи судӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507);
 - бланкаҳо бо имзои шаҳрвандон оид ба дастгирии номзад ба мансаби Президент, ки раисони ноҳияҳо, шаҳрҳо тасдиқ кардаанд;
- маълумоти тарҷумаи ҳоли номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- аризаи номзад дар бораи розигиаш барои пешбарӣ кардан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахсони боэътимоди номзад наметавонанд дар ягон комиссияи интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил бошанд. Дар сурате ки агар узви яке аз комиссияҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад ё шахси боэътимод пешбарӣ шуда бошад, вай аз вазифаи узви комиссия аз лаҳзаи ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси боэътимод ба қайд гирифта шуданаш озод кардашуда ҳисоб меёбад.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ оид ба интихобот дар давоми ду рӯз баъди бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо шаҳодатномаи дахлдор месупорад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834, аз 21.02.2018 № 1507).
Агар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бақайдгирии номзадро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рад кунад, нисбати қарори мазкур аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлати, маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлиси вакилони халқҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки номзади мазкурро пешбарӣ кардаанд, метавонанд ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намоянд ва ин шикоят дар мӯҳлати шаш рӯз баррасӣ карда мешавад. Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъӣ мебошад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834, аз 21.02.2018 № 1507).
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар мӯҳлати ҳафт рӯз баъди бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбуоти маҳаллӣ дар бораи бақайдгирӣ бо зикри насаб, ном ва номи падар, сол ва ҷои таваллуд, вазифа ва ҷои кор, ҳизбият, маҳали зист, вазъи оилавии номзад, инчунин мақоме, ки номзадро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардааст, иттилоъ медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834, аз 21.02.2018 № 1507).
Моддаи 26. Бюллетени интихобот
Шакл ва матни бюллетени интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тасдиқ карда мешавад. Дар бюллетен рӯйхати номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиби алифбо бо зикри насаб, ном ва номи падар, соли таваллуд, ҳизбият, вазифа, ҷойи кор ва истиқомат, ҳамчунин маълумот дар бораи аз тарафи кадом мақом ва бо кадом тартиб пешбарӣ шудани номзад дохил карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Бюллетенҳои интихоботӣ на дертар аз 10 рӯз то интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ ё забоне, ки аксарияти аҳолии ҳавзаи интихоботи бо он гап мезананд, аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ барои ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ чоп карда шуда, бояд на кам аз як дараҷаи ҳифозат дошта бошанд. Комиссияҳои интихоботӣ бюллетенҳои интихоботиро бо санад месупоранд (Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140, аз 21.02.2018 № 1507).
Бюллетенҳои интихобот ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар давоми на дертар аз ҳафт рӯз ва ба комиссияҳои участкавии интихобот дар давоми на дертар аз ду рӯз пеш аз интихобот бо тартиби муқарраргардида дастрас карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Биное, ки бюллетенҳои интихобот дар он нигоҳ дошта мешаванд мӯҳр карда, ба муҳофизаи мақомоти корҳои дохилӣ супурда мешавад.
VI. КАФОЛАТИ ФАЪОЛИЯТИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 27. Кафолати фаъолияти номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо
Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба қайд гирифта шуданашон дар маъракаи пешазинтихоботӣ дар асосҳои баробар иштирок карда, барои истифодаи имкониятҳои воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла радио ва телевизион, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баробар доранд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Барои ҳамаи номзадҳои бaқaйдгирифташудaи мансаби Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити баробари таъминоти моддию тахникӣ ва молиявии маъракаи интихоботӣ таъмин карда мешавад.
Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бо интихобкунандагон чӣ дар маҷлисҳо ва чӣ дар шакли барои интихобкунадагон муносиб вохӯриҳо гузаронад. Комиссияҳои интихоботӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба номзадҳои мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани маҷлисҳо биноҳои муҷаҳҳаз муҳайё мекунанд. Дар бораи вақт ва ҷои гузаронидани маҷлисҳо ва вохӯриҳо аз тарафи комиссияҳои ҳавзавии интихобот ба интихобкунандагон пешакӣ хабар дода мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Мақомоти давлатӣ, идтиҳодияҳои ҷамъиятӣ, роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо вазифадоранд, ки ба номзадҳои мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили вохӯриҳо бо интихобкунандагон, гирифтани маводҳои зарурии маълумотӣ ва ахборотӣ мусоидат намоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140).
Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо барномаи фаъолияти ояндааш баромад кунад. Барномаи номзад набояд бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат дошта бошад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Номзадҳои ба қайд гирифташудаи мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти гузаронидани маъракаи пешазинтихоботӣ ҳуқуқ доранд аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматӣ бо ҳифзи музди меҳнати миёнаи ҷои кор аз ҳисоби маблағе, ки барои гузаронидани интихобот ҷудо карда мешавад, озод карда шаванд.
Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо бе розигиашон аз кор озод карда, инчунин ба кор ё вазифаи дигар гузаронида шуда наметавонанд.
Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи ройгон аз тамоми намудҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ ё байнишаҳрӣ (ба истиснои нақлиёти ҳавоӣ, қатора ва таксӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе розигии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷойи содири ҷиноят (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Моддаи 28. Шахсони боэьтимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуқуқ дорад то 15 нафар шахсони боэътимод дошта бошад, ки онҳо ба вай барои гузаронидани маъракаи интихоботӣ ёрӣ мерасонанд, барои интихоб шудани ваӣ ташвиқот мебаранд, манфиатҳои вайро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, комиссияҳои интихоботӣ муҳофизат мекунанд. Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони боэътимодро мувофиқи салоҳдиди худ муайян мекунад ва рӯйхати онҳоро ба Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ пешниҳод менамоянд. Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ шахсони боэътимодро ба қайд гирифта, ба онҳо шаҳодатнома медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834, аз 21.02.2018 № 1507).
Шахсони боэътимод аъзои комиссияҳои интихоботии дахлдор буда наметавонанд.
Шахсони боэътимод бо хоҳиши номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ва хизматӣ бо ҳифзи музди миёнаи меҳнат аз ҳисоби маблағе, ки барои гузаронидани интихобот ҷудо карда мешавад, озод карда шуда метавонанд.
Ваколатҳои шахси боэътимод метавонанд ҳар вақт то рӯзи интихобот дар асоси аризаи ӯ, инчунин бо пешниҳоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пеш аз муҳлат қатъ карда шаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
VII. ТАРТИБИ ОВОЗДИҲӢ ВА ҶАМЪБАСТИ НАТИЧАҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 29. Вақт ва ҷои овоздиҳӣ
Овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот аз соати 6.00 то 20.00 вақти маҳаллӣ гузаронида мешавад. Дар бораи вақт ва ҷои овоздиҳӣ комиссияи участкавии интихоботӣ на дертар аз панҷ рӯз то интихобот ба ҳар як интихобкунанда хабарнома мефиристад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Дар участкаҳои интихоботӣ, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, маҳалли буду боши шаҳрвандон воқеъ дар ноҳияҳои дурдаст ва душворгузар, инчунин дармонгоҳҳо ва хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои табобатӣ ташкил карда шудаанд, комиссияи интихоботии участкавӣ метавонад ҳар гоҳ хатми овоздиҳиро эълон кунад, агар ҳамаи интихобкунандагони ба рӯихат дохил кардашуда овоз дода бошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140).
Моддаи 30. Ташкили овоздиҳӣ
Овоздиҳӣ дар биноҳои махсус ҷудо кардашуда, ки дар онҳо бояд барои овоздиҳии пинҳонӣ ба миқдори кофӣ ҳуҷраҳо ё хонаҳо таҷҳизонида, ҷойҳои додани бюллетенҳои интихоботӣ муайян карда, қуттиҳои интихоботӣ гузошта шуда бошанд, гузаронида мешавад. Қуттиҳои интихоботӣ тавре гузошта мешаванд, ки овоздиҳандагон дар вақти рафтан ба назди онҳо ҳатман аз ҳуҷра ё хона барои овоздиҳии пинҳонӣ гузаранд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Барои ташкили овоздиҳӣ, таъмини изҳори пинҳонии иродаи интихобкунандагон, муҷаҳҳаз намудани хонаҳо ва нигоҳ доштани тартиботи зарурӣ дар онҳо комиссияи интихоботии участкавӣ масъул мебошад.
Дар рӯзи интихобот пеш аз оғози овоздиҳӣ қуттиҳои интихоботӣ санҷида шуда, аз тарафи раиси комиссияи участкавии интихоботӣ дар ҳузури ҳамаи аъзоёни комиссияи интихоботӣ мӯҳр карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Ҳар интихобкунанда шахсан овоз медиҳад. Овоздиҳӣ ба ҷойи дигарон манъ аст. Бюллетенҳои интихобот аз тарафи комиссияи участкавии интихобот дар асоси рӯйхати интихобкунандагони участкаи интихоботӣ бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият, ки номгӯи онҳоро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муайян мекунад, дода мешаванд. Ҳар интихобкунанда барои гирифтани бюллетени интихоботӣ дар рӯйхати интихобкунандагон дар муқобили насаб, ном ва номи падари худ имзо мегузорад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Интихобкунандае, ки наметавонад дар рӯзи интихобот дар маҳалли истиқомати худ бошад, метавонад аз комиссияи участкавии интихоботӣ маҳалли истиқомати худ варақаҳои интихоботро талаб кунад, нисбати номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кунад ва варақаҳои пур кардашудаи интихоботро дар лифофаи баста дар комиссияи участкавии интихоботӣ монад. Интихобкунанда дар бораи гирифтани варақаи интихобот дар рӯихати интихобкунандагон имзо мекунад. Шакл ва матни варақаи интихобот аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муқаррар карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834, аз 28.12.05с. № 140, аз 21.02.2018 № 1507).
Дар мавридҳое, ки баъзе интихобкунандагон ба нисбати вазъи саломатӣ ё сабабҳои дигар наметавонанд ба ҷои овоздиҳӣ ҳозир шаванд, комиссияи участкавии интихоботӣ бо хоҳиши онҳо метавонад камаш ба ду нафар аъзои комиссия супориш диҳад, ки овоздиҳиро дар ҷои будубоши он интихобкунандагон ташкил диҳанд.
Интихобкунандагоне, ки бо ягон сабаб ба рӯихати интихобкунандагон дохил карда нашудаанд, дар асоси ҳуҷҷате, ки шахсият ва маҳалли истиқоматашонро тасдиқ мекунад, ба замимаи руйхати интихобкунандагон дохил карда мешаванд.
Моддаи 31. Гузаронидани овоздиҳӣ
Бюллетенҳои интихоботро овоздиҳандагон дар ҳуҷра ё хонаи овоздиҳии пинҳонӣ пур мекунанд. Ҳангоми пуркунии бюллетенҳо ғайри овоздиҳанда ҳозир будани шахси дигар мумкин нест. Интихобкунандае, ки наметавонад мустақилона бюллетенро пур кунад, ҳуқуқ дорад ба ҳуҷра ё хонаи овоздиҳӣ шахси дигарро, ғайр аз аъзои комиссияи интихоботӣ, шахсони боэътимод, мушоҳидони миллию байналмилалӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, мувофиқи салоҳдиди худ даъват намояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Овоздиҳанда дар квадрати холии бюллетени интихобот дар муқобили насаб, ном ва номи падари номзаде, ки ба тарафдориаш овоз медиҳад, аломати ҷамъ "+" мегузорад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Дар сурати зидди ҳамаи номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз додан, овоздиҳанда дар бюллетени интихобот дар квадрати холии сатри "муқобили ҳамаи номзадҳо" аломати ҷамъ "+" мегузорад. Бюллетени пуркардашударо овоздиҳанда ба қуттии интихобот мепартояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Моддаи 32. Ҳисобкунии овозҳо дар участкаи интихоботӣ
Ҳисобкунии овозҳо дар участкаи интихоботӣ аз тарафи комиссияи участкавии интихоботӣ оид ба ҳар номзад алоҳида алоҳида сурат мегирад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Қуттиҳои интихоботро комиссияи интихоботӣ дар ҳузури ҳамаи аъзоён баъди аз тарафи раиси комиссия эълон карда шудани анҷоми овоздиҳӣ мекушояд. То анҷоми овоздиҳӣ кушодани қуттиҳои интихобот мумкин нест. Пеш аз кушодани қуттиҳои интихобот ҳамаи бюллетенҳои истифоданашудаи интихоботро комиссияи интихоботӣ ҳисоб карда, онҳоро ботил месозад ва дар ин бора санад тартиб медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140, аз 21.02.2018 № 1507).
Пеш аз кушодани қуттиҳои интихоботӣ аз тарафи комиссияи участкавии интихобот дар ҳузури ҳамаи аъзоёни комиссияи участкавӣ лифофаҳои сарбаста бо варақаҳои интихоботӣ ба қуттиҳо партофта мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140).
Комиссияи участкавии интихобот мувофиқи рӯйхати асосии интихобкунандагон ва замимаи он шумораи умумии интихобкунандагони участка, инчунин шумораи интихобкунандагонеро, ки бюллетени интихоботӣ ва варақаҳо гирифтаанд, муайян мекунад. Дар асоси бюллетен ва варақаҳои интихоботӣ, ки дар қуттиҳои интихобот мавҷуданд, комиссия шумораи интихобкунандагонеро, ки дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд, шумораи овозҳои ба тарафдорӣ ва шумораи овозҳои зидди ҳар номзад додашуда, шумораи варақаҳо ва бюллетенҳоеро, ки беэътибор дониста шудаанд, муайян мекунад. Аз рӯи насабҳое, ки интихобкунандагон ба бюллетенҳо ва варақаҳо илова кардаанд, овозҳо ҳисоб карда намешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 28.12.05с. № 140, аз 21.02.2018 № 1507).
Бюллетенҳо ва варақаҳои интихоботии намунаашон ғайримуқаррарӣ, инчунин бюллетенҳо ва варақаҳое, ки дар онҳо ҳангоми овоздиҳӣ насабҳои беш аз як номзад гузошта шудаанд, беэътибор дониста мешаванд. Дар вақти ба миён омадани шубҳа дар бораи ҳақиқӣ будани бюллетен ва варақаи интихобот масъала аз тарафи комиссияи интихоботии участкавӣ бо роҳи овоздиҳӣ ҳал карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Натиҷаи ҳисобкунии овозҳо дар маҷлиси комиссияи интихоботии участкавӣ муайян карда, ба протокол дохил карда мешавад.
Протокол дар ду нусха тартиб дода шуда, аз ҷониби раис, муовини раис, котиб ва ҳамаи аъзои комиссияи участкавии интихобот бо имзо ва муҳр тасдиқ гардида, нусхаи аслии протокол бо тартиби муқаррарнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ фавран ба комиссияи дахлдори ҳавзавии интихоботӣ дастрас карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Моддаи 33. Муайянкунии натиҷаи интихобот дар ҳавза
Дар асоси протоколҳои комиссияҳои участкавии интихобот, комиссияи ҳавзавии интихобот шумораи умумии интихобкунандагони ҳавза, шумораи интихобкунандагоне, ки бюллетен ва варақаи интихобот гирифтаанд, шумораи интихобкунандагоне, ки дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд, шумораи овозҳое, ки ба тарафдорӣ ва шумораи овозҳое, ки зидди ҳар як номзад дода шудаанд, шумораи бюллетенҳо ва варақаҳоеро, ки беэътибор дониста шудаанд, муайян мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Натиҷаи интихобот дар ҳавза дар маҷлиси комиссияи интихоботӣ муайян ва ба протокол дохил карда мешавад. Протокол дар ду нусха тартиб дода шуда, аз ҷониби раис, муовини раис, котиб ва ҳамаи аъзои комиссияи ҳавзавии интихобот бо имзо ва муҳр тасдиқ гардида, нусхаи аслии протокол бо тартиби муқаррарнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ фавран ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ фиристода мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Моддаи 34. Муайянкунии натиҷаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар асоси протоколҳои аз Комиссияи ҳавзавии интихобот расида, шумораи умумии интихобкунандагони ҷумҳурӣ, шумораи интихобкунандагоне, ки бюллетен ва варақаҳои интихобот гирифтаанд, шумораи интихобкунандагоне, ки дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд, шумораи овозҳое, ки ба "тарафдорӣ" ва шумораи овозхое, ки "зидди" ҳар як номзад дода шудаанд, шумораи бюллетенҳо ва варақаҳоеро, ки беэътибор дониста шудаанд, муайян мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар сурате баргузоршуда дониста мешавад, агар дар он беш аз нисфи интихобкунандагони ба рӯйхати интихобкунандагон дохил кардашуда, иштирок карда бошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Он номзаде ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобшуда ҳисоб меёбад, ки дар интихобот беш аз нисфи овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккардаро гирифтааст.
Интихобот умуман ё аз рӯи ҳавзаҳои алоҳида ё участкаҳои алоҳида аз сабаби дар рафти интихобот ё ҳангоми ҳисобкунии овозҳо роҳ додан ба вайронкуниҳо, ки ба натиҷаи интихобот таъсир расонидааст, беэътибор дониста шуда метавонад. Қарор дар бораи беэътибор донистани интихобот аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ қабул карда мешавад ва нисбати он ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати даҳ рӯз шикоят кардан мумкин аст. Ҳуқуқи шикоят кардан барои беэътибор донистани интихобот ба номзадҳои мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834, аз 28.12.05с. № 140).
Дар сурати дар ҳавзаҳо ё участкаҳои алоҳида беэътибор донистани интихобот бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ натиҷаи овоздиҳӣ дар ин ҳавзаҳо, участкаҳо аз натиҷаи умумии интихобот хориҷ карда мешавад, ба шарте ки бе онҳо ҳам умуман интихобот баргузоршуда дониста карда шавад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Натиҷаи пешакии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тавассути воситаҳои ахбори омма дар давоми 24 соати баъди ба охир расидани интихобот эълон мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Натиҷаи ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тасдиқ гардида, дар муддати на дертар аз даҳ рӯзи баъди ба охир расидани интихобот дар матбуот интишор мегардад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Моддаи 35. Овоздиҳии такрорӣ
Агар ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз ду нафар номзад ба овоз монда шуда бошанд ва ягон нафарашон шумораи даркории овозҳоро нагиранд, он гоҳ бо иштироки ду номзаде, ки шумораи бештари овозҳоро гирифтаанд, овоздиҳии такрорӣ гузаронида мешавад. Агар дар натиҷаи баромада рафтани номзадҳо як номзад боқӣ монад, овоздиҳии такрорӣ аз рӯи номзадии ӯ гузаронида мешавад. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯзи овоздиҳии такрориро дар ҳудуди як моҳ, баъди рӯзи гузаронида шудани интихобот, вале на пештар аз понздаҳ рӯзи гузаронидани интихобот таъин мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834).
Хабар дар бораи гузаронидани овоздиҳии такрорӣ дар матбуот чоп карда мешавад.
Номзаде интихобшуда ҳисоб меёбад, ки дар овоздиҳии такрорӣ назар ба номзади дигар шумораи бештари овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккардаро гирифтааст, ба шарте, ки дар овоздиҳӣ бештар аз нисфи интихобкунандагони ба рӯйхат дохил кардашуда иштирок карда бошанд ва шумораи овозҳои ба ин номзад додашуда аз шумораи овозҳое, ки ба муқобили вай дода шудааст, зиёд бошад.
Агар дар вақти овоздиҳии такрорӣ ягон номзад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб нашуда бошад, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ интихоботи такрории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  таъин мекунад.
Моддаи 36. Интихоботи такрорӣ
Дар сурате, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузорнашуда ё беэътибор дониста шавад ё агар ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на бештар аз ду номзад ба овоз монда шуда бошанду ягон нафарашон шумораи даркории овозҳои ннтихобкунандагонро нагирад ё ҳангоми овоздиҳии такрорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб нашуда бошад, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ интихоботи такрориро таъин мекунад. Зимнан вай метавонад дар бораи зарурати гузаронидани интихобот аз тарафи комиссияҳои ҳавзавии интихобот ва участкавӣ дар ҳайати нав қарор қабул намояд. Овоздиҳӣ дар ҳамон участкаҳои интихоботӣ ва мувофиқи рӯйхатҳои интихобкунандагон, ки барои гузаронидани интихоботи асосӣ тартиб дода шудаанд, гузаронида мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Ташкили комиссияҳо, пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳои дигари вобаста ба гузаронидани интихоботи такрории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартибе, ки Қонуни конститутсионии мазкур муқаррар кардааст, сурат мегирад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Хабар дар бораи гузаронидани интихоботи такрорӣ дар матбуот чоп карда мешавад. Интихоботи такрорӣ на пештар аз ду моҳ баъд аз гузаштани интихоботи асосӣ гузаронида мешавад.
Моддаи 37. Масъулият барои вайрон кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Шахсоне, ки бо роҳи зӯрӣ, фиреб, таҳдид ё бо роҳи дигар ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб кардан ва интихоб шудан, бурдани ташвиқоти пешазинтихоботӣ мамониат мекунанд, инчунин аъзоёни комиссияҳои интихоботӣ, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки ба сохтакории ҳуҷҷатҳои интихобот роҳ дода, дидаю дониста овозҳоро нодуруст ҳисоб кардаанд, тартиби овоздиҳии пинҳониро вайрон кардаанд ё ба дигар вайронкунии Қонуни конститутсионии мазкур роҳ додаанд, мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Инчунин шахсоне, ки дидаю дониста маълумоти бардурӯғро, ки шаъну эътибори номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро паст мезанад, чоп кардаанд ё ба тариқи дигар паҳн намудаанд, ё нисбати аъзоёни комиссияи интихоботӣ ба таҳқир роҳ додаанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Ҳангоми аз тарафи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон кардани Қонуни конститутсионии мазкур Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ номзадро огоҳ мекунад, дар сурати такроран вайрон намудан вай метавонад қарори ба қайдгирии номзади мазкурро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бекор кунад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.09.99с. № 834).
Аризаҳое, ки дар бораи вайрон карда шудани Қонуни конститутсионии мазкур ба комиссияи интихоботӣ, мақомоти давлатию ҷамъиятӣ дар давраи тайёрии интихобот ё баъди интихобот расидаанд, бояд дар мӯҳлати се рӯз ва аризаҳои дар рӯзи интихобот расида - фавран баррасӣ карда шаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Моддаи 38. Ба иҷрои вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданаш ба вазифа шурӯъ мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1507).
Раиси
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе,
аз 21 июли соли 1994, № 1042

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ношири мавод: Ибрагимов Виктор Мухторович Санаи интишор: Сшб, 14/01/2020 - 15:23

 

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шеъри Гулназар Келдӣ
Оҳанги Сулаймон Юдаков

Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем,
кашидаем
Зинда бош эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!
Барои нангу номи мо
Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,
Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ,
Хазон намерасад ба навбаҳори ту,
Ки мазраи вафо бувад канори ту,
канори ту
Зинда бош эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!
Ту модари ягонаӣ,
Бақои ту бувад бақои хонадони мо,
Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,
Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост,
ҳабиби мост,
Зинда бош эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

(АМОҶТ с. 2007, №5, мод. 362; с. 2009, №9-10. мод. 551; с.2011, №3, м.162;  №6, м.451;с.2016,№11, мод.892)
Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Қонуни мазкур моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди Миллиро муқаррар мекунад.
Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад.

Боби 1

Муқаррароти умумӣ

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1376)

Моддаи 2. Тасдиқи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчам, Нишон ва матну оҳанги Суруди Миллиро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ менамояд.

Моддаи 3. Тасвири Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба андозаашон, бо риояи дақиқи ҳаҷму ранги асл бояд тасвир карда шаванд.

Моддаи 4. Тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №740)

Боби 2

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 5. Тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл ба таври доимӣ афрохта мешавад:

— дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти  идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ; (қҷт.25.03.2011 №695), (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1376)

— дар болои биное, ки ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, маҷлисҳои ҷамоати шаҳрак ва деҳот гузаронида мешаванд; (қҷт.25.03.2011 №695)

— дар толорҳои ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷаласаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, маҷлисҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ; (қҷт.25.03.2011 №695)

— дар утоқҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар биноҳое, ки барои гузаронидани чорабиниҳои расмӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд, утоқҳои кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ў, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ў, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ў, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ, роҳбарони мақомоти дигари идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои ҳарбӣ,  раисони судҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурорҳои нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо, прокурорҳои ҳарбии гарнизон, прокурорҳои назорат аз рўи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ, сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ; (қҷт.25.03.2011 №695), (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1376)

— дар қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (мутобиқи оинномаҳои ҳарбӣ), гузаргоҳҳо, дидбонгоҳҳо ва нуқтаҳои гумрукии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчунин дар ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо ба сифати рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохтан мумкин аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо арзиэҳтиром Парчами давлатиро истифода намоянд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1376)

Дар вақти афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парчами ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ё дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, паҳно ва баландии ин парчамҳо набояд аз паҳно ва баландии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон калон бошад. Ҳангоми дар як вақт афрохтани шумораи тоқи парчамҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мобайн ва дар мавриди афрохтани шумораи ҷуфти парчамҳо аз марказ дар тарафи чап ҷой дода мешавад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин афрохта мешавад:

— дар воситаҳои нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ҳайатҳои давлатӣ ва ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва ё шахсони дигар мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

—  дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии раъйдиҳӣ;

— дар рўзҳои ид ва ҳангоми баргузории чорабиниҳои тантанавӣ дар иншооту биноҳои маъмурӣ ва иҷтимоиву маишии давлативу хусусӣ, биноҳои истиқоматӣ, ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо; (ҚҶТ аз 14.11.2016, №1376)

— ҳангоми эълони мотам Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мотамӣ афрохта мешавад: ба чўбдаста (меҳвари фулузи)-и Парчам матои тасмашакли сиёҳ баста мешавад, ки нўгҳои он бояд то қисми поёнии Парчам овезон бошанд. Дар сурати ба чўбдаста афрохтани Парчам ҳангоми мотам Парчам ба андозаи 1/3-и дарозии чўбдаста хам карда мешавад.

Дар вақти маросими мотами шаҳрванди фавтида (ҳалокгардида) аз рўи эҳтироми ҳарбӣ, ки Оинномаи ҳарбӣ пешбинӣ намудааст, тобути марҳум бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пўшонида мешавад. Пас аз гўронидан Парчами давлатӣ ба наздикони марҳум дода мешавад.

Моддаи 6. Ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад:

— дар ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва киштиҳое, ки дар қайди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;

— дар асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коғазҳои қиматнок ва лотереяҳои пулию молии давлатӣ;

— дар нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— дар нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ ва вакили ҷамоат; (қҷт.25.03.2011 №695)

— дар нишони сарисинагии хизматчиёни давлатӣ; (қҷт.25.03.2011 №695)

— дар ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, хиёбонҳо, гулгаштҳо, лавҳаҳои телевизионӣ ва дигар нашрияҳои давлатӣ ҳамчун рамзи давлатӣ;

— дар аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёт, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. (қҷт аз 16.10.09с, №558).

Боби 3

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 7. Истифодаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли ранга, якранг ва ё сиёҳу сафед истифода бурда мешавад.

Моддаи 8. Ҷойгиркунии тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад:

— дар пештоқи биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ, дигар ташкилотҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ; (қҷт.25.03.2011 №695), (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1376)

— дар толорҳои ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷаласаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва толорҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ; (қҷт.25.03.2011 №695)

— дар утоқҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар биноҳое, ки барои гузаронидани чорабиниҳои расмӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд, утоқҳои кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ў, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ў, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ў, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ, мақомоти дигари идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,   раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои ҳарбӣ, раисони судҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурорҳои нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо, прокурорҳои ҳарбии гарнизон, прокурорҳои назорат аз рўи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ, сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ; (қҷт.25.03.2011 №695), (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1376)

— дар мўҳр, бланкҳо ва санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,   вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои давлатии нотариалӣ, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин корхонаю муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ; (қҷт.25.03.2011 №695), (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1376)

— дар нашрияҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— дар шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шиносномаю шаҳодатномаҳое, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ дода мешаванд;

— дар сутунҳои марзӣ ва гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— дар асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коғазҳои қиматнок ва лотереяҳои пулию молии давлатӣ;

—  дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— дар нишонҳои фарқкунанда ва либоси расмии муқарраршудаи шахсоне, ки дар хизмати ҳарбӣ ё хизмати дигари давлатӣ мебошанд.

Ҳангоми дар як вақт ҷой додани Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишонҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ҳаҷми ин нишонҳо аз ҳаҷми Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд калон бошад ва дар ин маврид Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз тарафи чап ҷой дода шавад.

Ҷойгиркунии тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ накардааст, манъ аст.

Боби 4

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 9. Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби иҷрои он

Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ аз матн ва оҳанг иборат буда, дар мавридҳои муқаррарнамудаи ҳамин Қонун иҷро карда мешавад.

Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи оркестр (созӣ), хор, оркестрӣ-хорӣ ё худ ба тариқи созию овозӣ иҷро карда мешавад. Ҳамчунин барои иҷрои Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воситаҳои техникии сабт истифода бурдан мумкин аст.

Дар ҳолати иҷро кардани Суруди Миллӣ ба тариқи созию овозӣ он пурра сароида мешавад, агар Суруд ба тариқи созӣ қисман иҷро гардад, сарахбори хор ва нақаротро як бор навохтан мумкин аст.

Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд саҳеҳ, мувофиқи матн ва оҳанг иҷро карда шавад.

Ҳангоми ба тариқи расмӣ садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозирин аз ҷой бармехезанд.

Моддаи 10. Мавридҳои иҷрои Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад:

— баъди савганд ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз шурўи вазифа;

— дар оғозу анҷоми ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, маҷлису ҷамъомадҳои тантанавӣ ва дигар ҷашнҳое, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иди умумихалқӣ эълон шудаанд;

— ҳамарўза ҳангоми оғозу анҷоми барномаҳои телевизион ва радиои давлатӣ;

— ҳангоми гузаронидани ҷамъомаду ҷашнҳо ва чорабиниҳои дигар, ки мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликияташон, мувофиқи иҷозати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ созмон медиҳанд;

— ҳангоми маросими расмии пардабардорӣ аз рўи ҳайкалҳо, муҷассамаҳо, лавҳаҳои хотира ва дигар иншоотҳои мансуб ба муҳимтарин воқеаҳои таърихии ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ, ба шарафи қаҳрамонони Тоҷикистон, арбобони сиёсӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, ходимони илм, адабиёт ва фарҳанг;

— ҳангоми сарфароз гардонидани Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, маҳалҳои аҳолинишин, корхона, муассиса ва ташкилотҳо бо мукофотҳои давлатӣ;

— ҳангоми истиқбол ва гусели сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ташриф меоранд, баъди иҷрои Суруди Миллии давлати онҳо;

— ҳангоми баргузории маросимҳои ҳарбӣ;

— ҳангоми тантанаҳои умумӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— ҳангоми баргузории мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ ва дохилиҷумҳуриявӣ мувофиқи қоидаҳои гузаронидани ин мусобиқаҳо;

— ҳангоми баргузории маросимҳои расмӣ дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ тибқи тартиби муайянкардаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муқаррароти расмии давлати дахлдор.

Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон бо боло бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад ва ҳозирин ба Парчами давлатӣ рў меоваранд.

Боби 5

Муқаррароти хотимавӣ

Моддаи 11. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Риояи талаботи Қонуни мазкур ба зиммаи роҳбарони мақомотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур ва таҳқири рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 12. Аз эътибор соқит донистани баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 1992 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992. № 24, моддаи 342); Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1993, № 960 «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри  соли 1994 «Дар бораи Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 17-18, моддаи 306), аз эътибор соқит дониста шаванд.

Моддаи 13. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Э. Раҳмонов

      ш.Душанбе, 12 майи соли 2007

     № 254

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 1.3 (3 овоз)

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «ИҚТИСОДИ ДЕҲОТ: МАСЪАЛАҲО, ДАСТОВАРДҲО ВА САМТГИРИИ СТРАТЕГӢ»

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 20/01/2020 - 14:45
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «ИҚТИСОДИ ДЕҲОТ: МАСЪАЛАҲО, ДАСТОВАРДҲО ВА САМТГИРИИ СТРАТЕГӢ»
     28 октябри соли 2019 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои банди 9 Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Ҳафтаи соҳибкорӣ» дар моҳҳои сентябр-октябри соли 2019, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 октябри соли 2019, №22-6/10-352 тасдиқ гардидааст,  Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Иқтисоди деҳот: масъалаҳо, дастовардҳо ва самтгирии стратегӣ» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4 (1 овоз)

Cтратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020

Ношири мавод: Ибрагимов Виктор Мухторович Санаи интишор: Сшб, 14/01/2020 - 21:47 • Санаи навкунии охирин: Сшб, 14/01/2020 - 23:33
Cтратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КЎҲИСТОНИ БАДАХШОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 15/01/2020 - 10:41
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Рақам: 
303
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
30.07.2007

ҚОНУНИ КОНСТИТУСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 7, мод. 653)

(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493)

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорои шароити махсуси ҷуғрофӣ, арзишҳои нодири фарҳангӣ, маънавӣ ва забонӣ мебошад. Қонуни конститутсионии мазкур мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар соҳаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ваколатҳои дигари вилоятро танзим менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493).

БОБИ 1. Муқаррароти умумӣ

Моддаи 1. Вазъи ҳуқуқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

1. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми таркибӣ ва ҷудонопазири аст.

2. Вазъи ҳуқуқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493).

Моддаи 2. Тартиби ҳалли масъалаи воҳидҳои маъмурию ҳудудии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493)

1. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз шаҳри Хоруғ, ноҳия, шаҳрак ва деҳот иборат аст. Маркази маъмурии он шаҳри Хоруғ мебошад.

2. Ҳудуди вилоят бе ризоияти Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйир дода намешавад.

Моддаи 3. Намояндагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493):

- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сарфи назар аз шумораи аҳолиаш, дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар дорад;

- яке аз муовинони раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493);

- яке аз судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Моддаи 4. Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493).

Моддаи 5. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунӣ ва судӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

1. Фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" танзим мекунад.

2. Фаъолияти мақомоти худидоракумии шаҳрак ва деҳот (Ҷамоат)-ро дар Вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшон Қонуни Ҷумҳурии Тодакистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" танзим мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493).

3. Фаъолияти судҳорр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" танзим мекунад.

БОБИ 2. Асосҳои иқтисодии фаъолияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Моддаи 6. Моликияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Амволи мақомоти ҳокимият ва идораи он, сарватҳои фарҳангӣ ва таърихии аҳолӣ, маблағҳои буҷети вилоят, фонди манзил ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, корхонаҳои кишоварзӣ, савдо, хизмати маишӣ, нақлиёт, дигар корхона ва комплекеҳои саноатию бинокорӣ, муассисаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва дигар амволе, ки барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят заруранд, моликияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, агар дар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.

Моддаи 7. Моликияти воҳидҳои маъмурию ҳудудии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493)

Маблағҳои буҷети маҳаллӣ, фонди манзил ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, корхонаҳои саноатӣ, сохтмон, нақлиёт, савдо, кишоварзӣ, хизмати маишӣ, муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, амволи мақомоти ҳокимият ва идораи воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва дигар амволе, ки барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ заруранд ва дар ҳудуди онҳо воқеанд, моликияти вилоят, шаҳру ноҳия ё дигар воҳиди марзиву маъмурӣ мебошанд, агар дар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493).

Моддаи 8. Идоракунии объектҳои моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия

1. Маҷлиси вакилони халқ ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон объектҳои моликияти коммуналии вохидҳои маъмурию ҳудудии, дахлдорро дар доираи ваколатҳои худ идора мекунанд. Объектҳои мазкур бо мақсади хизматрасонии самаранок ба аҳолӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии ҳудуди дахлдор истифода мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493).

2. Тартиби хусусигардонии моликияти коммуналиро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд. Тартиби аз моликияти коммуналӣ ба моликияти ҷумҳуриявӣ ва ё аз моликияти ҷумҳуриявӣ ба моликияти коммуналӣ гузаронидан аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

3. Аз модикияти коммуналии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия ба моликияти коммуналии дахлдори дигар гузаронидан дар асоси қарорҳои мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор амалӣ карда мешавад.

Моддаи 9. Фаъолияти иқтисодии хориҷии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493)

1. Фаъолияти иқтисодии хориҷии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, барои вусъат додани фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои онҳо, ки дар воҳидҳои маъмурию ҳудудии дахлдор ҷойгиранд, ба инкишофи иқтидори содиротӣ ва зйёд намудани истеҳсоли маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонии ба рақобат тобовар мусоидат менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493).

2. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи ваколати худ дар ин самт ҳуқуқ дорад (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493):

- ба ташкили корхонаҳои муштарак мусоидат намояд;

- барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ шароит фароҳам оварад (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493);

- мутобиқи тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон савдои наздисарҳадӣ ташкил намояд;

- мутобиқи санадҳои мёъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дигар намудҳои фаъолиятро амалӣ намояд.

Моддаи 10. Муносибати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба моликияти ҷумҳуриявӣ

(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493)

Мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия Маҷлиси вакилони халқ ва раис ба ҷойгиркунии мақсадноки объектҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ, таъсиси зерсохторҳои дахлдор, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва меҳнатӣ, ҳифзи муҳити зист ва соҳаҳои дигар, ки моликияти ҷумҳуриявӣ мебошанд, назорат мекунанд.

БОБИ 3. Асосҳои молиявии фаъолияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Моддаи 11. Манбаъҳои молиявии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия

1. Манбаъҳои молиявии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия аз инҳо иборатанд:

- маблағҳо буҷети маҳаллӣ, фондҳои мақсадноки давлатӣ, даромад аз буҷети ҷумҳуриявӣ дар шакли кумаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети мақомоти болоӣ, қарзи буҷетӣ аз буҷети мақомоти болоӣ, маблағҳои хайрия, коғазҳои қиматнок, бурднок ва музоядаҳои маҳаллӣ, даромадҳои чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва фарҳангӣ, сармоягузории хориҷӣ, дигар манбаъҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардаанд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493).

2. Дар асоси шартнома манбаъҳои молиявии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, ноҳияро бо манбаъҳои молиявии дигар вилоят, шаҳр, ноҳия, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои маблағҷудокунӣ ба барномаҳои муштарак, аз ҷумла барои иҷрои барномаҳои тараққиётӣ байниминтақавӣ муттаҳид кардан мумкин аст.

Моддаи 12. Даромадхои буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия

1. Қисми даромади буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия аз ҳисоби манбаъҳо ва маблағҷудокуниҳо, даромадҳо аз андоз ва даромадҳои ғайриандозӣ, инчунин аз воридоти маблағҳо аз ҳисоби андозу пардохтҳои танзимкунанда иборат мебошад.

2. Ба даромадҳо аз андоз дохил мешаванд:

- андозҳои маҳаллӣ, ки намудҳои онҳоро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд;

- даромад аз андозу пардохтҳои танзимкунанда мутобиқи тартибе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ муқаррар кардааст (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493);

- боҷи давлатӣ, ба истиснои боҷи давлатие, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493);

- даромад аз дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет;

- дигар манбаъҳое, ки санадҳои меъёрии хуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардаанд.

3. Ба даромадҳои ғайриандозӣ дохил мешаванд:

- даромад аз буҷети ҷумҳуриявӣ дар шакли кумаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молиявӣ (субвенсия), қарзи буҷетӣ ё дар шакли дигар (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493);

- даромад аз хизматрасонии пулакие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои идории буҷетӣ мерасонанд;

- воридоти маблағ аз ҳисоби татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ барои вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи молияи давлатӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493);

- хайрияҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- даромад аз гузаронидани ҳашарҳо;

- даромад аз коғазҳои қиматнок, бурднок ва музоядаҳои маҳаллӣ;

- даромад аз амволе, ки моликияти коммуналии шаҳр ва ноҳия мебошад ё дар идораи хоҷагии он қарор дорад.

4. Барои супоридани андоз, боҷ ва пардохтҳои маҳаллие, ки ба буҷети маҳаллии дахлдор ворид мегарданд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва ноҳия ҳуқуқ дорад ба гурӯҳҳои алоҳидаи андозсупорандагон имтиёзҳо муқаррар намояд.

Моддаи 13. Ҳароҷоти буҷети Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, щаҳри Хоруғ ва ноҳия

1. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ танҳо хароҷоти зайл маблағгузорӣ карда мешавад:

- таъмини фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

- ташаккули моликияти коммуналии воҳиди маъмурию ҳудудии дахлдор ва идоракунии он (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493);

- таъсис, таъмини фаъолият ва инкишофи муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, илм, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, воситаҳои ахбори омма ва нашрияҳо, дигар муассисаҳое, ки ба моликияти коммуналӣ мансубанд ё дар ихтиёри мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд;

- инкишофи хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- сохтмони роҳ ва нигоҳдории роҳҳое, ки аҳамияти маҳаллӣ доранд;

- ободонӣ ва кабудизоркунии маҳал;

- истифода ва коркарди партовҳои рӯзгор;

- таъмини хизматрасонии нақлиётӣ ба аҳолӣ ва муассисаҳое, ки ба моликияти коммуналӣ мансубанд ё дар ихтиёри мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд;

- ҳифзи муҳити зисти маҳал;

- амалигардонии барномаҳои мақсадноки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

- хизматрасонии қарзии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва пардохти онҳо;

- кумаки молиявии беподош ба аҳолӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493);

- гузаронидани интихоботи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.

2. Маблағгузории фаъолияти дигари мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва хароҷоти дигари дорои аҳамияти маҳаллӣ мутобиқи гурӯҳбандии буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад.

3. Дар давраи байни иҷлосияҳо ба захираҳои озоди молиявии буҷет, ки нисбати буҷети тасдиқшуда ба андозаи на зиёда аз даҳ фоизро ташкил мекунад, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия ихтиёрдорӣ намуда, қарорҳои худро ба Маҷлиси вакилони халқ барои тасдиқ пешниҳод мекунад. Агар захираҳои озоди молиявии буҷет зиёда аз даҳ фоизи буҷети тасдиқшударо ташкил диҳанд, дар он сурат раси тағйиру иловаҳои ба буҷети маҳаллӣ воридкардашударо ба баррасии Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493).

4. Хароҷоти якҷояи буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, ноҳия ва буҷети ҷумҳуриявӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493).

Моддаи 14. Фонди захиравии раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия

1. Дар доираи буҷети тасдиқкардашуда Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия метавонад фонди захиравии раисро дар ҳаҷми 0,5 фоиз аз ҳаҷми даромади умумии буҷети даҳлдори маҳаллӣ таъсис диҳад ва ба таркиби хароҷоти он дохил намояд.

2. Ба фонди захиравӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раис ихтиёрдорӣ намуда, дар бораи хароҷоти он ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ҳисобот медиҳад.

Моддаи 15. Ҳуқуқҳои буҷетии Маҷлиси вакилони халқ ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия

1. Аз тарафи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия лоиҳаи буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия таҳия карда мешавад.

2. Мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи буҷет аз рӯи манбаъҳои, даромад ва самтҳои хароҷот ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқ пешниҳод карда мешавад.

3. Буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия дар шакли қарори Маҷлиси дахлдори вакилони халқ қабул карда мешавад.

4. Буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия мумкин аст бо барзиёдӣ (профитсит) таҳия ва тасдиқ карда шавад.

Маблағгузории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳаҷме, ки буҷетҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ муқаррар намудаанд, сурат мегирад.

Барои нигоҳдории мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Маҷлиси дахлдори вакилони халқ хароҷотро муқаррар менамояд.

Дар доираи ваколати худ Маҷлиси вакилони халқ ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия ҳангоми иҷрои буҷет барои таъмини тавозуни он масъул мебошанд.

5. Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия иҷрои буҷетро тасдиқ мекунад.

БОБИ 4. Асосҳои фаъолияти иҷтимоию фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Моддаи 16. Салоҳияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соҳаи маориф

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сиёсати давлатро дар соҳаи маориф дар маҳалҳо амалӣ менамояд, барномаҳои минтақавии инкишофи соҳаи маорифро бо назардошти хусусияти миллӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, демографӣ ва ғайра таҳия намуда, амалӣ мегардонад.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон инкишофи системаи давлатии маорифро таъмин намуда, ба кори муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, мактабҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, муассисаҳои илмии тадқиқотӣ, ки дар ҳудуди вилоят воқеанд, назорат мебарад ва ба инкишофи илм мусоидат мекунад.

Моддаи 17. Салоҳияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соҳаи фарҳанг

1. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сиёсати давлатро дар соҳаи фарҳанг амалӣ менамояд.

2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро дар соҳаи фарҳанг ва маънавиёт ҳимоя менамояд.

3. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соҳаи инкишофи фарҳанг тадбирҳои зайлро амалӣ мегардонад:

- таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанг дар ҳудуди вилоят бо назардошти ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, маънавӣ, анъанаҳои таърихии аҳолии вилоят;

- корҳои созмондиҳӣ барои ташкил намудани марказҳои фарҳангӣ дар ҳудуди вилоят ва берун аз он;

- ташкил намудани марказҳои таълимии омӯзиши касбу ҳунарҳои бадеии халқӣ;

- фароҳам овардани шароит барои иштироки озодонаи шаҳрвандон ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар ҳаёти фарҳангӣ, такмили ҳамаҷонибаи эҷодиёти бадеӣ, илмӣ ва техникӣ дар шаҳр ва ноҳияҳои вилоят;

- ҳалли масъалаи ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ;

- инкишофи шабакаҳои муассисаҳои фарҳангӣ, телевизион ва радио.

Моддаи 18. Салоҳияти Вилояти Муҳтори Кӯҳистони Бадахшон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ тадбирҳои зеринро амалӣ мегардонад:

- гузаронидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ;

- назорат ба риояи қонунҳои соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ;

- ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ;

- таҳия ва татбиқи барномаҳои ҳудудии инкишофи системаи нигоҳдории тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ;

- ташаккул додани мақомоти идоракунӣ, инкишофи шабакаҳо ва мустаҳкам кардани базаи моддию техникӣ, бо доруворӣ, техникаи тиббӣ ва бо таҷҳизоти таъиноти тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои нигоҳдории тандурустии давлатӣ;

- ташкили кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дигар намудҳои кӯмаки тиббӣ ва таъмини дастрасии он ба аҳолӣ;

- мусоидат барои инкишофи фаъолияти хусусии тиббӣ;

- таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;

- ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи нигоҳдории тандурустӣ;

- ҳифзи муҳити зист ва таъмини бехатарии экологию радиатсионӣ;

- иҷрои дигар вазифаҳои идоракунии системаи нигоҳдории тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

БОБИ 5. Муқаррароти хотимавӣ

Моддаи 19. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон"

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон" аз 4 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 21, моддаи 247; соли 2000, № 11, мод.515; соли 2005, № 12, мод. 624) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 19(1). Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур

(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493).

Моддаи 20. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии мазкур

Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш.Душанбе 

 30 июли соли 2007 № 303

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул намудани Қонуии конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшон" қабул қарда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе 

 6 июни соли 2007 № 605

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе 

 19 июли соли 2007 № 373

 

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 15/01/2020 - 11:22
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Рақам: 
1083
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
26.07.2014
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олип Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, № 7, қ.1, мод. 379; с. 2015, № 3, мод. 197, № 7-9, мод. 697)
(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 18.03.2015 № 1175, аз 8.08.2015 № 1211, аз 30.05.2017 № 1409, аз 23.12.2021 №1805, аз 23.12.2021 №1806)
Қонуни конститутсионии мазкур тартиби ташкил ва фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб, бозхонд ва истеъфои судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мурофиаи судии конститутсионӣ, инчунин дигар муносибатҳои вобаста ба фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамояд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 18.03.2015 № 1175).
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми мустақили ҳокимияти судӣ оид ба назорати конститутсионӣ буда, бо мақсади таъмини волоият ва амали бевоситаи меъёрҳои Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409, аз 23.12.2021 №1806).
2. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, адолати судии конститутсиониро амалӣ менамояд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806).
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409).
Моддаи 3. Баробарии ҳама дар назди қонун ва суд
Адолати судӣ аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк амалӣ карда мешавад.
Моддаи 4. Баробарҳуқуқии судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо ҳуқуқи баробар доранд.
Моддаи 5. Тартиби баррасии парвандаҳо дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Баррасии парвандаҳо, қабули санадҳои судӣ, баррасии масъалаҳои боздошти ваколатҳои судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои пешбининамудаи Қонуни конститутсионии мазкур дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дастҷамъӣ дар ҳайати на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии судяҳо сурат мегирад.
2. Санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксарияти овозҳои судяҳои дар мурофиаи судӣ иштирокдошта қабул карда мешаванд.
Моддаи 6. Доираи ҳалли парванда дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо масъалаҳои ҳуқуқро муайян ва ҳал менамояд.
2. Агар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади меъёрии ҳуқуқиро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номувофиқ шуморад, дар доираи дархост ва пешниҳоди муроҷиаткунанда маҳдуд нашуда, метавонад дар як вақт санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигарро, ки дар асоси санади меъёрии ҳуқуқии ғайриконститутсионӣ донисташуда қабул гардидаанд ё онро айнан такрор мекунанд ва ё ҳамон нуқтаҳои дар муроҷиат зикршударо дар бар мегиранд, бекор намояд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 18.03.2015 № 1175, аз 30.05.2017 № 1409).
БОБИ 2. ҲАЙАТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТАРТИБИ ИНТИХОБИ ОН
Моддаи 7. Ҳайати Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 нафар судяҳо иборат буда, яке аз онҳо намояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
2. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати интихоб шудани на кам аз се ду ҳиссаи ҳайати он ба фаъолият оғоз менамояд.
3. Раис ва муовини Раис судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ваколатҳои худро бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур ва Дастури Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806).
Моддаи 8. Тартиби интихоби Раис, муовини Раис ва судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талабот нисбати онҳо
1. Раис, муовини Раис ва судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешаванд.
2. Ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе интихоб мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошга бошад, дорои таҳсилоти ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 7 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон будан барои мардҳо 63 ва барои занҳо 58 мебошад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409).
3. Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд забони давлатиро донад.
4. Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд, дониш ва таҷрибаи худро барои иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи ӯ гузошта шудаанд, истифода барад, ваколатҳояшро бо маҳорати касбӣ иҷро намояд ва сазовори номи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806).
5. Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва берун аз он бояд аз содир намудани амалҳое, ки боиси паст задани обрӯи ҳокимияти судӣ ва шаъну эътибори судя мегарданд ё беғаразона, одилона ва холисона будани ӯро зери шубҳа мегузоранд, худдорӣ намояд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806).
Моддаи 9. Мӯҳлати ваколати судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 10 сол интихоб карда мешавад.
2. Агар мӯҳлати ваколати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни дида баромадани парванда бо иштироки ӯ ба охир расад, ваколаташ то ба итмом расидани баррасии ин парванда нигоҳ дошта мешавад.
Моддаи 10. Савганди судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мешавад, пас аз интихоб шуданаш дар ҷаласаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин савганд ёд мекунад: "Ман ботантана савганд ёд мекунам, ки вазифаҳои ба зиммаам гузошташударо бошарафона ва аз рӯи виҷдон иҷро менамоям, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сидқан риоя ва ҳифз намуда, танҳо ба он итоат мекунам" (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409).
БОБИ 3. ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ СУДЯҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 11. Мустақилияти судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ ва баррасии парвандаҳо мустақил буда, танҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат мекунанд. Онҳо ба далелҳои ҷамъовардашуда аз рӯи эътиқоди ботинии худ баҳо медиҳанд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409).
2. Дахолат ба фаъолияти судяҳо, инчунин ба дигар шакл таъсир расондан бо мақсади мамониат кардан ба фаъолияти мурофиавии онҳо манъ аст.
3. Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ надорад, ки то ба итмом расидани баррасии парванда ва қабули қарори дахлдор дар бораи ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштан ё надоштани қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ ё тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ақида намояд, оид ба масъалаи дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишаванда ақидаашро баён созад ё маслиҳат диҳад, инчунин ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки аз судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани чунин амалҳоро талаб намояд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 18.03.2015 № 1175,  аз 30.05.2017 № 1409).
4. Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул гардад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.
5. Аз ваколат маҳрум кардан, маҳдуд намудани ваколат ва аз вазифа бозхонд кардани судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳое, ки  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ кардаанд, мумкин нест (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 18.03.2015 № 1175, аз 30.05.2017 № 1409).
6. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяҳои он оид ба фаъолияти худ вобаста ба масъалаҳои мурофиаи судии конститутсионӣ (минбаъд-мурофиаи судӣ) ба ягон шахс ё мақоме ҳисобот намедиҳанд.
Моддаи 12. Дахлнопазирии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад.
2. Дахлнопазирии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаёт, қадр ва номуси ӯ, манзили истиқоматӣ ва хизматӣ, воситаҳои нақлиёт ва алоқае, ки дар истифодаи ӯ қарор доранд, инчунин ба муросилот, ашё ва ҳуҷҷатҳои ӯ паҳн мегардад.
3. Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ кашидан, ҳабс кардан ва ба ҳабси хонагӣ гирифтан мумкин нест.
4. Парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешаванд. Парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.
5. Чораҳои маҷбуркунии мурофиавӣ дар намуди ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтани судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муваққатан дур кардан аз вазифа, азназаргузаронии манзил, кофтукови манзил ва утоқи хизматии ӯ, ҳабси молу мулк, гӯш ва сабт кардани гуфтугӯи телефонӣ ва дигар гуфтугӯҳо, ҳабси муросилот, азназаргузаронӣ ва ёфта гирифтани онҳо, кофтуков, ёфта гирифтани ашё, ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти пасандоз ва суратҳисобҳои бонкӣ, ҳабси маблағҳои дар суратҳисобҳо ва пасандозҳо ё дар нигоҳдории бонк ва ташкилотҳои кредитӣ қарордоштаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости прокурор ё муфаттиш бо розигии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷозати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд.
6. Дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтукови шахсии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, азназаргузаронии молу мулк, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, ки онҳоро истифода мебарад, танҳо дар вақти дастгир намудани ӯ ҳангоми содир кардани ҷиноят, дар дигар мавридҳо бошад, танҳо вобаста ба парвандаи ҷиноятии нисбати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғозгардида бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
7. Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои изҳори ақидааш таҳти ягон хел таъсиррасонӣ қарор додан мумкин нест.
Моддаи 13. Боздоштани ваколатҳои судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ваколатҳои судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин боздошта мешаванд:
- агар судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вайрон кардани тартиби муқарраргардида интихоб шуда бошад;
- агар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифа дур карда шавад;
- агар бо тартиби муқарраршуда барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ӯ ризоият дода шуда бошад.
2. Ваколатҳои судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъиноти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон то аз байн рафтани асосҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда боздошта мешавад.
Моддаи 14. Бозхонди судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бозхонди судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зерин амалӣ мегардад:
- бо хоҳиши худаш;
- бинобар қонеъ гардонидани аризаи хаттии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба истеъфо баромадан;
- нисбати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани ҳукми айбдоркунанда, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст;
- дар асоси ҳалномаи қувваи қонунӣ пайдокардаи суд дар бораи ғайри қобили амал эътироф намудан, маҳдуд сохтани қобилияти амалкунӣ, бедарак ғоиб эътироф намудан ё фавтида эълон намудани ӯ;
- вафоти судя;
- машғул шудани судя бо фаъолияте, ки ба вазифаи ӯ номувофиқ аст;
- қатъ гаштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409);
- барои истиқомати доимӣ баромада рафтан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 18.03.2015 № 1175);
- содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад;
- бе сабабҳои узрнок дар мурофиаҳои судӣ зиёда аз ду маротиба пай дар пай иштирок накардан ё саркашӣ намудани судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз овоздиҳӣ оид ба қабули қарор;
- бо сабаби вазъи саломатӣ ё бо дигар сабабҳои узрнок муддати дуру дароз (на камтар аз чор моҳ пай дар пай) вазифаҳои худро иҷро накардани судя;
- ба охир расидани мӯҳлати ваколат;
- бинобар ба кори дигар гузаштан;
- ба нафақа баромадан;
- вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо.
Моддаи 15. Истеъфои судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Истеъфои судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор аз вазифа рафтани судя мебошад. Барои судяе, ки дар истеъфо мебошад, номи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафолати дахлнопазирии шахсӣ ва мансубият ба иттиҳодияи ҷамъиятии "Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" нигоҳ дошта шуда, дар ин бора ба ӯ шаҳодатномаи судяи дар истеъфобудаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806).
2. Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон он гоҳ баистеъфобаромада ҳисоб мешавад, ки агар ӯ бо асосҳои зерин бозхонда шуда бошад:
- қонеъ гардидани аризаи хаттии ӯ дар бораи ба истеъфо рафтан;
- ба охир расидани мӯҳлати ваколати ӯ;
- қувваи қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи ғайри қобили амал донистан ё маҳдуд сохтани қобилияти амалкунии ӯ;
- бо сабаби вазъи саломатӣ ё бо дигар сабабҳои узрнок муддати дуру дароз (на камтар аз чор моҳ пай дар пай) вазифаҳои худро иҷро карда натавонистани ӯ.
3. Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки бо хоҳиши худ ба истеъфо барояд. Ба судяи дар истеъфобудаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сию панҷ сол собиқаи кории умумии ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла на камтар аз понздаҳ сол собиқаи кори судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад, таъминотпулии ҳармоҳаи умрбод баробар ба шаст фоизи музди меҳнати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад. Таъминотпулии ҳармоҳаи умрбод барои ҳар соли минбаъдаи корӣ дар вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи як фоизи музди меҳнати судяи Суди конститутсионӣ зиёд карда мешавад, вале он аз шасту панҷ фоизи музди меҳнати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд буда наметавонад.
4. Кор дар вазифаҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ҳамчун собиқаи кори судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта мешавад, агар онҳо қаблан дар вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз 5 сол фаъолият карда бошанд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 18.03.2015 № 1175).
5. Кор дар вазифаҳои Раис, муовини якум ва муовинони Раис, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раис, муовини якум ва муовинони Раис, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раис, муовини якум ва муовинони раис, судяи Суди ҳарбӣ, раис, муовини якум ва муовинони раис, судяи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, раис, муовини якум ва муовинони раис, судяи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ҳамчун собиқаи кори Раис, муовини Раис ва судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз аз 8.08.2015 № 1211).
6. Ба судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба истеъфо баромадан ба андозаи музди меҳнати семоҳа кӯмакпулии яквақта пардохта мешавад.
7. Таъминотпулии ҳармоҳаи умрбод ё нафақа ба судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пардохта мешавад.
БОБИ 4. САЛОҲИЯТИ РАИС, МУОВИНИ РАИС ВА СУДЯКОТИБИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 16. Салоҳияти Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба фаъолияти ташкилии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд;
- ба тайёр намудани мурофиаҳои судӣ роҳбарӣ карда, онҳоро даъват ва дар онҳо раисӣ менамояд;
- масъалаҳоеро, ки мавриди баррасии мурофиаҳои судӣ мегарданд, ба муҳокима пешниҳод мекунад;
- ҳар сол ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи қонунияти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ Номаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мефиристад;
- Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, муассиса, корхона, дигар ташкилотҳо ва шахсони мансабдор намояндагӣ мекунад;
- ӯҳдадориҳои мансабии муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад;
- кори судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил мекунад;
- роҳбарии умумиии дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд;
- оид ба нигоҳдории молу мулки давлатӣ, ки ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодабарӣ дода шудааст, чораҳо меандешад;
- ҷиҳати тақвияти муқовимат ба коррупсия ва риояи меъёрҳои Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад;
- ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастури Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои қабул пешниҳод мекунад;
- номзадии судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳисоби судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- барои таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиаи судӣ чораҷӯӣ менамояд;
- судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои гирифтани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дараҷаҳои тахассусӣ пешниҳод менамояд;
- кормандони дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд, онҳоро барои гирифтани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, бо рутбаҳои дараҷавию тахассусӣ ҳавасманд мегардонад;
- ба санадҳои судӣ ва протоколҳои мурофиаҳои судӣ имзо мегузорад;
- дигар вакодатҳоеро, ки Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, иҷро мекунад.
2. Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ амру фармонҳо мебарорад.
3. Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, пленумҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намояд.
Моддаи 17. Салоҳияти муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баррасии парванда иштирок мекунад, вазифаҳои Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳангоми набуданаш иҷро мекунад, аз рӯи тақсимоти вазифаҳо дигар корҳои вобаста ба фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.
Моддаи 18. Салоҳияти судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешавад.
2. Судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари иҷрои вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:
- корҳои ташкилиро оид ба омодасозии мурофиаҳои судӣ анҷом медиҳад ва барои иҷрои қарорҳои қабулкардаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад;
- корро оид ба таҳияи саривақтии протоколи мурофиаҳои судӣ ташкил менамояд;
- ба санадҳои судӣ ва протоколи мурофиаҳои судӣ имзо мегузорад;
- ба мақомоти дахлдор, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон фиристодани нусхаи санадҳои судии қабулшударо, ки ба онҳо дахл дорад, ташкил менамояд.
БОБИ 5. ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ МУРОФИАИ СУДӢ ДАР СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 19. Ошкоро будани мурофиаи судӣ дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муҳокимаи парвандаҳо дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиснои ҳолатҳое, ки он ба манфиатҳои ҳифзи сирри давлатӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, дахлнопазирии ҳаёти шахсии онҳо ва муҳофизати ахлоқу одоби ҷамъиятӣ мухолиф мебошад, ошкоро гузаронида мешавад.
2. Дар ҳамаи ҳолатҳо қарорҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкоро эълон карда мешаванд.
3. Бо иҷозати Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи воситаҳои аксбардорӣ, сабти аудио-видеоӣ, пахши ҷараёни мурофиаи судӣ аз тариқи радио ва телевизион дар рафти мурофиа роҳ дода мешаванд.
Моддаи 20. Парвандаҳоро бевосита баррасӣ кардани Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ надорад бе муҳокимаи бевоситаи парванда, ки тартиби онро Қонуни конститутсионии мазкур муқаррар кардааст, оид ба моҳияти он қарор қабул намояд.
2. Судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баррасии парванда аз лаҳзаи эълон шудани мурофиаи судӣ то пӯшида шудани он шахсан иштирок мекунанд.
3. Ҳеҷ як судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ надорад дар баррасии парванда бе сабабҳои узрнок иштирок накунад.
4. Имконнопазирии иштироки судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баррасии минбаъдаи парванда дар сурати мавҷуд будани шумораи кофии судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давом додани мурофиаи судӣ мамониат намекунад.
5. Дар вақти машварати Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон судяи дар мурофиаи судӣ иштирокдошта ҳуқуқ надорад аз овоздиҳӣ худдорӣ кунад. Ҳар як судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки ақидаашро оид ба парванда пеш аз қабул шудани қарор шахсан баён намояд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 18.03.2015 № 1175).
Моддаи 21. Баробарҳуқуқии тарафҳои мурофиаи судӣ
1. Дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мурофиаи судӣ дар асоси мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо сурат мегирад.
2. Тарафҳои мурофиаи судӣ ба изҳори раддия ва дархост, пешниҳоди далелҳо, иштирок дар тадқиқи онҳо, ба суд пешниҳод намудани ваҷҳ ва баёноти худ, суханронӣ дар музокираҳои судӣ, амалӣ намудани дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мурофиавии дар Қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда ҳуқуқи баробар доранд.
Моддаи 22. Шифоҳӣ гузаронида шудани мурофиаи судӣ
Мурофиаҳои судӣ ба таври шифоҳӣ бурда мешаванд. Суди конститутсионӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки ҳангоми баррасии парванда шарҳу баён ва суханронии иштирокчиёни мурофиаи судӣ, нишондоди шоҳидон, мутахассисон, хулосаи коршиносро шунавад, ҳуҷҷатҳои дар парвандабуда ва пешниҳодкардаи иштирокчиёни мурофиаи судӣ, хулосаи экспертиза, протоколҳо ва дигар далелҳои хаттиро эълон кунад.
Моддаи 23. Забони мурофиаи судӣ
1. Мурофиаи судӣ дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баён ва эълон намудани санадҳои судии қабулнамудаи он ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони дар мурофиаи судӣ иштироккунанда, ки забони давлатиро намедонанд, тарҷумаи мурофиаи судиро бо забони модарии онҳо ё бо забоне, ки онро медонанд, тавассути тарҷумон таъмин менамояд.
3. Шахсони иштироккунандаи парванда, шоҳидон, мутахассисон, коршиносон, ки забони мурофиаи судиро намедонанд, метавонанд ба забони модариашон ё ба забоне, ки медонанд, шарҳу эзоҳоти худро баён намоянд ва аз хизмати тарҷумон истифода баранд.
4. Дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи мурофиаи судӣ бо забони давлатӣ тартиб дода мешавад.
Моддаи 24. Махфияти машварати судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳангоми машварати судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хонаи машваратӣ, ки дар он парванда моҳиятан ҳал карда мешавад, ҳузур доштани шахсони бегона манъ аст.
2. Ошкор сохтани мулоҳизаҳое, ки ҳангоми машварати судяҳо иброз шудаанд, мумкин нест.
Моддаи 25. Ботантана гузаронида шудани мурофиаи судӣ дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мурофиаи судӣ ба тариқи ошкоро дар вазъияти ботантана ва бо риояи ҳамаи талаботи одоби муоширати судӣ гузаронида мешавад.
2. Шахсони дар толори мурофиаи судӣ ҳузурдошта бояд ба амрҳои раисикунанда дар бораи риояи тартибот дар мурофиаи судӣ итоат кунанд.
3. Ҳангоми ба толори судӣ даромадан ва аз он баромадани судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шахсони ҳузурдошта аз ҷой бармехезанд.
4. Ҳар як иштирокчии мурофиаи судӣ дар вақти ба суд муроҷиат намудан, суханронӣ кардан, шарҳу баёнот додан ва сухан гуфтан аз ҷой бармехезад. Муроҷиат ба судя ё судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суханони "Мӯҳтарам судя ё судяҳои..." оғоз меёбад.
5. Қарор ва хулосаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба моҳияти парванда аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, ҳозирон онро рост истода мешунаванд.
Моддаи 26. Рад кардан ё худрадкунии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Иштироки судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баррасии парванда метавонад дар мавридҳои зерин рад карда шавад, агар:
- судя пештар вобаста ба ӯҳдадориҳои мансабиаш дар қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки предмети баррасии Суди конститутсионӣ гардидааст, иштирок карда бошад;
- ӯ хешованди наздики яке аз тарафҳо ё намояндаи онҳо бошад, бевосита ё бавосита ба натиҷаи ҳалли парванда манфиатдор бошад ё дигар ҳолатҳое мавҷуд бошанд, ки холис ва бёғараз будани ӯро зери шубҳа гузоранд.
2. Рад кардан ё худрадкунии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тарафҳои мурофиаи судӣ ё судя метавонад дар тамоми марҳалаҳои мурофиаи судӣ арз карда шавад.
3. Рад кардан ё худрадкунии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи аксари судяҳои дар маҷлис ҳузурдоштаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи баровардани таъиноти дахлдор қабул карда мешавад. Ҳангоми баробар будани овозҳо судя радкардашуда ҳисобида мешавад.
4. Масъалаи радкунӣ ё худрадкунии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни мурофиаи судӣ арз шудааст, дар хонаи машваратӣ бе иштироки судяи радшаванда ҳал карда мешавад. Радшаванда ҳуқуқ дорад, ки то ба хонаи машваратӣ даромадани суд ақидаашро нисбати раддияи ба ӯ арзшуда изҳор намояд.
5. Радкунӣ ё худрадкунии тамоми ҳайати Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин нест.
БОБИ 6. ИШТИРОКЧИЁНИ МУРОФИАИ СУДӢ, ҲУҚУҚУ ӮҲДАДОРИҲОИ ОНҲО
Моддаи 27. Иштирокчиёни мурофиаи судӣ
1. Тарафҳо ва намояндагони онҳо, шоҳидон, коршиносон ва тарҷумонҳо иштирокчиёни мурофиаи судӣ ба ҳисоб мераванд.
2. Ба мурофиаи судӣ намояндагони дигар мақомоти давлатии татбиқкунандаи ҳуқуқ, ки ба санади меъёрии ҳуқуқии мавриди баҳс қарордодашуда алоқамандӣ доранд, даъват карда мешаванд. Бо иҷозати Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо хулосаи худро оид ба санади меъёрии ҳуқуқии мавриди баҳс қарордодашуда пешниҳод менамоянд.
Моддаи 28. Тарафҳо ва намояндагони онҳо
1. Дар мурофиаи судӣ инҳо тараф мебошанд:
- муроҷиаткунанда - субъектҳое, ки тибқи моддаи 40 Қонуни конститутсионии мазкур ҳуқуқи ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карданро доранд;
- мақомот ва шахсони мансабдоре, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ё дигар санади меъёрии ҳуқуқии қабулнамуда, ҷонибдорикарда ва баимзорасонидаи онҳо мавриди санҷиш қарор дода мешаванд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409);
- мақомоти давлатие, ки салоҳияти онҳо мавриди баҳс қарор дода мешавад.
2. Намоянда - шахсе мебошад, ки ҳуқуқу манфиатҳои тарафҳоро дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя мекунад.
3. Дар мурофиаи судӣ адвокатҳо, мутахассисон ва дигар шахсон метавонанд ба сифати намояндаи тарафҳо иштирок кунанд, ки доираи ваколати онҳоро ваколатномаи додашудаи тарафҳо муайян менамояд.
4. Тарафҳо метавонанд якчанд намоянда дошта бошанд.
5. Намояндаи тарафҳо дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи вазифа инҳо мебошанд:
- роҳбари мақоме, ки ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудааст;
- роҳбари мақом, шахси мансабдори санади меъёрии ҳуқуқиро қабулнамуда, ҷонибдорикарда ё баимзорасонида, ки оид ба муайян намудани мувофиқати он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъала гузошта шудааст (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409).
Моддаи 29. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳо ва намояндагони онҳо
1. Тарафҳо ва намояндагони онҳо дар доираи ваколатҳояшон ҳуқуқҳои баробари мурофиавӣ дошта, метавонанд:
- бо тамоми маводе, ки дар ҷараёни омодагӣ ба мурофиаи судӣ оид ба масъалаи баррасишаванда дастрас шудаанд, шинос шаванд, аз онҳо иқтибос гиранд, нусха бардоранд, далел оваранд, дар таҳқиқи далелҳо иштирок намоянд, далелу мулоҳизаҳои худро доир ба ҳамаи масъалаҳое, ки дар ҷараёни мурофиаи судӣ ба миён меоянд, пешниҳод намоянд;
- ба таври хаттӣ дархост пешниҳод намуда, ба судяҳо шифоҳӣ ва хаттӣ шарҳу баёнот диҳанд, мулоҳизаҳои худро оид ба изҳори дархост баён кунанд;
- бо забони модарии худ ё забоне, ки медонанд, баёнот диҳанд ва аз хизмати тарҷумон истифода баранд;
- ба тарафи дигар, шоҳидон, коршиносон ва мутахассисон савол диҳанд;
- оид ба масъалаи баррасишаванда дар музокираи суди иштирок намоянд ва суханронии хотимавӣ кунанд;
- дар бораи шарҳу эзоҳ додани қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод намоянд;
- то ба хонаи машваратӣ рафтани ҳайати суд асос ё предмети талаботашонро тағйир диҳанд, ҳаҷми онро зиёд ё кам кунанд ё аз талаботашон даст кашанд;
- талабҳои гузошташударо пурра ё қисман эътироф кунанд ё ба муқобили онҳо норозигӣ изҳор намоянд.
2. Тарафҳо ва намояндагони онҳо ӯҳдадоранд:
- бо даъвати Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир шаванд;
- дар мурофиаи судӣ нисбат ба якдигар хушмуомила буда, тартибу қоидаҳоеро, ки Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст, эҳтиром намоянд ва ба саволҳои раисикунанда, судяҳо ва иштирокчиёни мурофиаи судӣ ҷавоб гӯянд;
- ба амрҳои раисикунанда оид ба риояи тартибот дар мурофиаи судӣ итоат намоянд;
- фикри худро оид ба ҳолатҳои кор, ки ба онҳо маълуманд, аниқ ва дуруст баён намоянд, инчунин далелҳо оварда, ҳолатҳоеро исбот кунанд, ки ба онҳо ҳамчун ба асоси талаб ва норозигии худ такя менамоянд.
Моддаи 30. Шоҳид
1. Дар сурати зарурат Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости тарафҳо ва намояндагони онҳо ба мурофиаи судӣ метавонад шоҳидро даъват намояд. Шахсе ба сифати шоҳид баромад карда метавонад, ки ба ӯ оид ба ҳолатҳои кор аз рӯи масъалаи баррасишаванда маълумот ё далеле маълум аст.
2. Шоҳид дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудан барои дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ ё саркашӣ кардан аз ҳозиршавӣ бо даъвати суд ё нахостани додани нишондод огоҳ карда мешавад.
3. Шоҳид ӯҳдадор аст, ки ба мурофиаи судӣ ҳозир шавад, дар бораи масъалаи баррасишаванда маълумот дода, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд ва ба саволҳои судяҳо ва иштирокчиёни мурофиаи судӣ ҷавоб диҳад.
Моддаи 31. Коршинос
1. Ба сифати коршинос ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси дорои дониш ва малакаи муайян дар соҳаи илму техника, санъат ё дигар касбҳои мухталиф, ки метавонад ба масъалаи баррасишаванда тавзеҳот диҳад, мумкин аст даъват карда шавад. Масъалае, ки ба он коршинос бояд хулоса диҳад, аз тарафи судяи маърӯзакунанда ё Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
2. Коршинос дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудан, барои додани хулосаи бардурӯғ ё саркашӣ кардан аз ҳозиршавӣ бо даъвати суд ё саркашӣ кардан аз иҷрои вазифаҳои худ огоҳ карда мешавад.
3. Коршинос ҳуқуқ дорад, ки бо маводи парванда шинос шавад, ба тарафҳо ва шоҳидон саволҳо диҳад, инчунин дар хусуси ба ӯ пешниҳод намудани маводи иловагӣ дархост пешниҳод намояд, маълумотеро, ки барои додани хулоса зарур аст, навишта гирад ё нусхабардорӣ кунад.
4. Коршинос баъди фаҳмонидани хулоса ӯҳдадор аст, ки ба саволҳои иловагии раисикунанда, судяҳо, тарафҳо ва иштирокчиёни мурофиаи судӣ ҷавоб диҳад.
Моддаи 32. Мутахассис
1. Ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мутахассис шахсе даъват карда мешавад, ки дар масъалаҳои муайян дониши махсус ва таҷрибаи кофӣ дорад.
2. Мутахассис барои додани тавзеҳот ва пурра кардани андешаи худ ҳуқуқ дорад бо маводи парванда шинос шавад, дар мурофиаи судӣ бо иҷозати раисикунанда ба дигар иштирокчиёни Мурофиаи судӣ саволҳо диҳад.
3. Дар ҳолати бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудан ё саркашӣ кардан аз иҷрои вазифаҳои худ мутахассис мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Моддаи 33. Тарҷумон
1. Ба мурофиаи судӣ ба сифати тарҷумон шахсе даъват карда мешавад, ки ӯ забони давлатӣ ва забони иштирокчиёни мурофиаро, ки забони мурофиаи судиро намедонанд, озод дониста, гуфтугӯ ва тарҷума карда метавонад.
2. Тарҷумон ӯҳдадор аст, ки бо даъвати Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир шуда, маводи ба ӯ додашударо пурра ва аниқ тарҷума намояд.
3. Тарҷумон дар сурати саркашӣ намудан аз ҳозиршавӣ ба мурофиаи судӣ ё аз иҷрои вазифаи ба зиммааш гузошташуда ё дидаву дониста нодуруст тарҷума кардани мавод тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
БОБИ 7. САЛОҲИЯТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 34. Салоҳияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои салоҳияти конститутсионии дар моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда мебошад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409).
2. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои салоҳияти зерин мебошад:
- баррасии парвандаҳо дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳодшаванда;
- баррасии парвандаҳо дар хусуси муайян намудани мувофиқати қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, шартномаҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсия;
- баррасии парвандаҳо оид ба ҳалли баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳо;
- иҷрои ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва дигар қонунҳо муайян кардаанд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806).
3. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудани хиёнат ба давлат хулоса қабул мекунад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806).
Моддаи 35. Салоҳияти дигари Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисҳои худ:
- Дастури Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул менамояд;
- матни Номаи ҳарсолаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи вазъи қонунияти конститутсионӣ муҳокима ва кабул менамояд:
- котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб мекунад;
- масъалаи боздоштани ваколати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳал менамояд;
- масъалаи таъин намудани ҷарима ва дигар чораҳои таъсиррасониро ба вайронкунандагони мурофиаи судӣ баррасӣ менамояд;
- фаъолияти дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карда, вобаста ба он қарорҳои дахлдор қабул менамояд;
- масъалаи ҳавасмандгардонӣ ва ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод намудани судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дастгоҳи онро ҳал менамояд;
- ҳайат ва Низомномаи Шӯрои илмию машваратии назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;
- дигар масъалаҳои фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ менамояд.
2. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад дар ҷараёни омода намудани парванда барои баррасӣ дар мурофиаи судӣ аз ҳама мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса, дигар ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои илмӣ маълумоти заруриро дархост карда гирад, инчунин бо тартиби муқарраргардида мутахассисонро ба кори экспертӣ ва илмию машваратӣ ҷалб намояд.
Моддаи 36. Дастури Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои дохилии фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни конститутсионии мазкур танзим нагардидаанд, тавассути Дастури Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.
Моддаи 37. Номаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи қонунияти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот бо парвандаҳои баррасишаванда Нома мефиристад. Нома дар маҷлиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардида, бо протокол ба расмият дароварда мешавад.
2. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин метавонад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дигар масъалаҳо, аз ҷумла доир ба таъмини волоияти меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар ҳудуди кишвар муроҷиат намояд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409).
БОБИ 8. ТОБЕИЯТИ ПАРВАНДАҲО БА СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 38. Тобеияти парвандаҳо ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи салоҳияташ, парвандаҳое, ки дар моддаи 34 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ шудаанд, тобеият доранд.
2. Ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин парвандаҳо дар бораи ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дорои хусусияти махфӣ мебошанд, низ тобеият доранд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409).
Моддаи 39. Тобеияти чандин талаботи бо ҳам алоқаманд
Дар сурати якҷоя намудани чандин талаботи бо ҳам алоқаманд, ки баъзе аз онҳо ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъзеи онҳо ба мақомоти дигари ҳокимияти давлатӣ тобеият доранд, дар Суди конститутсионӣ танҳо масъалае мавриди баррасӣ қарор мегирад, ки ба ҳамин суд тобеияти судӣ дорад.
Моддаи 40. Субъектҳои муроҷиат ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806)
Ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон субъектҳои зерин ҳуқуқи муроҷиат карданро доранд:
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд;
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, шартномаҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти давлатӣ оид ба баҳсҳои байни онҳо доир ба салоҳияташон;
- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ нисбат ба шахсони воқеӣ дар муносибати мушаххаси ҳуқуқӣ татбиқ карда шудаанд;
- судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба истиснои судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар парвандаи мушаххас нисбат ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ татбиқ шудаанд ё бояд татбиқ карда шаванд;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ нисбат ба онҳо дар муносибати мушаххаси ҳуқуқӣ татбиқ карда шудаанд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806).
БОБИ 9. ТАРТИБИ ОҒОЗ КАРДАНИ МУРОФИАИ СУДӢ ВА БАРОИ БАРРАСӢ ОМОДА НАМУДАНИ ПАРВАНДА
Моддаи 41. Шакл ва мазмуни муроҷиат ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муроҷиат ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли хаттӣ сурат мегирад.
2. Мақомот ва шахсони мансабдори дар сархатҳои якум - чоруми моддаи 40 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинигардида ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод ва шахсони дар сархатҳои панҷум- ҳафтуми моддаи номбурда пешбинигардида бо дархост муроҷиат мекунанд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806).
3. Дар пешниҳод ва дархост бояд нишон дода шаванд:
- номи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- насаб, ном, номи падар, суроғаи шахси муроҷиаткунанда ё ном ва суроғаи ташкилот ё мақоми муроҷиаткунанда;
- насаб, ном, номи падар, суроғаи намояндаи шахси муроҷиаткунанда ва ваколати ӯ;
- ном, суроғаи мақомоти давлатӣ ё насаб, ном ва номи падари шахси мансабдори санади меъёрии ҳуқуқиро қабулкарда, ҷонибдорӣ карда ва ба имзорасонида, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани он мавриди баррасӣ қарор дода мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409);
- ном, сана ва рақами қабул, манбаи интишор ва дигар маълумот оид ба санади меъёрии ҳуқуқии мавриди баҳс қароргирифта;
- ҳолатҳо ва далелҳои мушаххас дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат надоштани меъёрҳои мушаххаси санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки муроҷиаткунанда талаб ва далелҳои худро бо онҳо асоснок мекунад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409);
- вайроншавии ҳуқуқу озодиҳои мушаххаси конститутсионии инсон ва шаҳрванд аз татбиқи санади меъёрии ҳуқуқии ба андешаи муроҷиаткунанда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқатнадошта (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409);
- моҳияти талаби муроҷиаткунанда;
- меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии мазкур, ки барои муроҷиат ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ медиҳанд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409);
- номгӯи ҳуҷҷатҳои ба пешниҳод ё дархост замимашаванда.
4. Пешниҳод ё дархостро муроҷиаткунандаи дахлдор, ки дар моддаи 40 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ шудааст, имзо мекунад. Ба он ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:
- нусхаи матни санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки мувофиқати он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи муроҷиаткунанда пурра ё қисми алоҳидаи он мавриди баҳс қарор гирифтааст (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409);
- ҳуҷҷатҳо дар бораи ваколати намоянда, ғайр аз ҳолатҳое, ки намояндагӣ аз рӯи вазифа амалӣ карда мешавад.
5. Ба ҳуҷҷатҳое, ки ба забони дигар навишта шудаанд, тарҷумаи онҳо ба забони давлатӣ замима карда мешавад.
6. Пешниҳод ё дархост ва замимаи онҳо ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди на камтар аз 10 нусха пешниҳод карда мешавад. Бо талаби судя тарафи муроҷиаткунанда бояд миқдори дигари нусхаи ин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намояд.
7. Ба пешниҳод ва дархост ҳуҷҷат оид ба пардохти боҷи давлатӣ замима карда мешавад.
Моддаи 42. Мӯҳлати бо дархост муроҷиат кардан ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Субъектҳои муроҷиат, ки дар сархати ҳафтуми моддаи 40 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ шудаанд, метавонанд дар муддати як сол аз рӯзи нисбати онҳо татбиқ шудани қонун ё дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806).
Моддаи 43. Баррасии пешниҳоду дархост дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ё дархости воридшударо ба як ё якчанд судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиш ва санҷиш медиҳад.
2. Судя ё судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ё дархостро санҷида, дар муддати як моҳ ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи оғоз намудани мурофиаи судӣ ё рад намудан аз оғози мурофиаи судӣ пешниҳод манзур менамоянд.
3. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди судя ё судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карда, дар бораи оғоз намудани мурофиаи судӣ таъинот қабул менамояд ва ба судя ё судяҳо супориш медиҳад, ки парвандаро барои баррасӣ дар мурофиаи судӣ тайёр намоянд ё дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судӣ таъинот қабул менамояд. Дар ин хусус ба муроҷиаткунанда хаттӣ хабар дода мешавад.
4. Нусхаи таъинот дар бораи оғоз намудани мурофиаи судӣ ба тарафҳо ва муроҷиаткунанда, нусхаи таъинот дар бораи рад намудан аз оғози мурофиаи судӣ дар мӯҳлати панҷ шабонарӯз ба муроҷиаткунанда фиристода мешавад.
5. Дар ҳолати такроран муроҷиат кардан ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалае, ки дар хусуси он таъиноти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рад намудан аз оғози мурофиаи судӣ мавҷуд аст, ба муроҷиаткунанда нусхаи таъинот дода шуда, ҳамзамон ба ӯ дар бораи минбаъд қатъ намудани мукотиба оид ба масъалаи мазкур хабар дода мешавад.
6. Дар сурати оғоз гардидани мурофиаи суди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо таъиноташ амали санади меъёрии ҳуқуқии мавриди баҳс қароргирифтаро то баррасии парванда боздорад.
Моддаи 44. Асосҳои баррасии парванда дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Асос барои дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардидани парванда пешниҳод ё дархости хаттӣ ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки тибқи талаботи Қонуни конститутсионии мазкур оварда шуда бошад.
2. Барои баррасии парванда дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор гаштани номуайянӣ дар масъалаи ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, шартномаҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияташон ва ҳолатҳои дигаре, ки аз салоҳияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, асос мегардад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806).
3. Асос барои дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намудани парванда дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ё лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳодшаванда, пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409аз 23.12.2021 №1806).
4. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, бо тартиб ва мӯҳлати муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур баррасӣ намуда, оид ба он хулоса қабул мекунад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806).
Моддаи 45. Рад кардан аз оғози мурофиаи судӣ
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози мурофиаи судӣ дар мавридҳои зерин рад мекунад Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806):
- мувофиқ набудани пешниҳод ё дархост аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии мазкур ё набудани асос барои баррасии парванда дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- аз тарафи мақомот ё шахси (субъекти) ҳуқуқи муроҷиатнадошта ворид шудани пешниҳод ё дархост;
- агар муроҷиати пешниҳодшуда таҳти тобеияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор надошта бошад;
- аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ин баррасӣ шудани масъалаи дар пешниҳод ё дархост зикршуда ва дар ин бора мавҷуд будани санади дахлдори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- гузаштани мӯҳлати яксолаи бо дархост муроҷиат кардан ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806);
- аз эътибор соқит дониста шудани қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ ё тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани он зери шубҳа қарор дода шудааст (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409).
Моддаи 46. Омода намудани парванда барои баррасӣ дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мурофиаи судии оғозкардашуда бояд дар мӯҳлати ду моҳ парвандаро барои баррасӣ дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намояд. Барои ин ӯ:
- тарафҳоро аз рӯи парванда муайян намуда, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мурофиавиашонро, ки ҳамин Қонуни конститутсионӣ пешбинӣ кардааст, фаҳмонда медиҳад, барои гирифтани далелҳо ва пешниҳод кардани онҳо ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо мусоидат менамояд;
- тарафи муроҷиаткунандаро мепурсад;
- ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дигари ба парванда дахлдоштаро талаб карда мегирад;
- шахсони дахлдори мансабдорро мепурсад;
- дар сурати зарурат олимон, кормандони амалиро ба сифати мутахассисон, коршиносон ҷалб мекунад, барои гузаронидани тафтишу таҳқиқ ва экспертиза супориш медиҳад;
- доираи иштирокчиёни парвандаро муайян ва ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806);
- масъалаи дар як мурофиаи судӣ якҷоя намудани талаботи бо ҳам алоқаманд, ки онҳо ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеият доранд ё аз ҳам ҷудо кардани талаботи ба мақомоти дигари ҳокимияти давлатӣ тобеиятдоштаро, ки дар як муроҷиат изҳор шудаанд, ҳал менамояд;
- ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боздоштани амали санади меъёрии ҳуқуқии мавриди баҳс қароргирифта то баррасии парванда, инчунин қатъ кардани пешбурди парванда дар сурати бо ихтиёри худ пешниҳод ё дархостро пас гирифтани муроҷиаткунанда ё дар сурати бекор кардан ё беэътибор донистани санади меъёрии ҳуқуқии мавриди баҳс қароргирифта, таклиф пешниҳод менамояд;
- на дертар аз даҳ рӯз то оғози баргузории мурофиаи судӣ нусхаҳои маводи зарурии парвандаро ба судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарафҳо ва дар сурати зарурат ба дигар иштирокчиёни мурофиаи судӣ месупорад;
- ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин кардани парванда барои баррасӣ дар мурофиаи судӣ таклиф пешниҳод мекунад;
- иштирокчиёни мурофиаи судиро оид ба баргузории мурофиаи судӣ хабардор намуда, иштироки онҳоро таъмин менамояд;
- барои таъмин намудани баррасии саривақтии парванда дигар амалҳоро иҷро мекунад.
2. Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои баррасӣ омода намудани парвандаро ба якчанд судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида, мӯҳлати омода кардани онро то як моҳ дароз намояд.
Моддаи 47. Ба баррасии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани парванда
1. Агар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаро барои баррасӣ дар мурофиаи судӣ ба таври кофӣ омодашуда ҳисобад, дар хусуси таъин намудани он барои баррасӣ таъинот қабул менамояд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806).
2. Иттилоот дар бораи вақт ва маҳалли баргузории мурофиаи судӣ дар сомонаи расмии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 10 рӯз то баргузории мурофиаи судӣ ҷойгир карда мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806).
БОБИ 10. БАРРАСИИ ПАРВАНДА АЗ ҶОНИБИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 48. Мӯҳлати баррасии парванда дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Парванда дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми шаш моҳ аз рӯзи ворид шудани муроҷиат (пешниҳод ё дархост) баррасӣ карда мешавад.
Моддаи 49. Тартиби баррасии парванда дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Парванда дар мурофиаи судӣ таҳти раисии Раиси Суди консти-тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (раисикунанда) баррасӣ карда мешавад. Тартиби пешбурди маҷлисро раисикунанда муайян менамояд.
2.Раисикунанда:
- дар вақти таъиншуда мурофиаи судии Суди конститутсиониро мекушояд;
- парвандаеро, ки бояд баррасӣ шавад, эълон менамояд;
- ҳозир будани шумораи кофии судяҳо ва таъмини таҳияи протоколро муайян мекунад;
- ба судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маърӯза дар бораи ҳузур доштани тарафҳо ва намояндагони онҳо, дигар иштирокчиёни мурофиаи судӣ, даъватшудагон ва сабабҳои ҳозир нашудани онҳо сухан медиҳад;
- ба тарафҳо ва намояндагони онҳо, дигар иштирокчиёни мурофиаи судӣ ва даъватшудагон ҳуқуқу ӯҳдадориҳояшонро мефаҳмонад;
- аз тарафҳо ва намояндагони онҳо дархост доштанашонро дар хусуси даъват кардани шоҳидон, мутахассисон, коршиносони иловагӣ ва доштани далелҳои иловагӣ мепурсад ва масъалаҳои дигареро, ки дар рафти мурофиа ба миён меоянд, барои ҳал кардан ба муҳокимаи суд пешниҳод менамояд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806);
- оғози моҳиятан баррасӣ намудани парвандаро эълон мекунад.
3. Баррасии парванда аз баромади судяи маърӯзакунанда оғоз меёбад, ки вай моҳияти парванда, сабабу асосҳои баррасии он, мазмуни маводи мавҷуда, инчунин ҷавобҳояшро ба саволҳои судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён мекунад, сипас бояд шарҳу баёни тарафҳо шунида шавад. Ба тарафҳо мумкин аст саволҳо дода шаванд.
4. Агар зарурати пурсиши шоҳидон ва ҷалби мутахассисон мавҷуд бошад, пеш аз пурсиши онҳо раисикунанда онҳоро дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудан, барои саркашӣ кардан аз додани нишондод ва ё нишондоди бардурӯғ додан огоҳ менамояд.
5. Дар мурофиаи судӣ мумкин аст ҳуҷҷатҳо эълон гарданд ва суханронии шахсони даъватшуда шунида шавад.
6. Баъд аз ба охир расидани таҳқиқи шарҳу баёнот ва ҳуҷҷатҳо суханронии хотимавии тарафҳо шунида мешавад, агар онҳо баромад кардан хоҳанд. Тарафҳо ва намояндагони онҳо ҳуқуқ надоранд, ки ҳангоми суханронии хотимавии худ ба ҳуҷҷатҳо ва ҳолатҳое, ки ба баррасии парванда алоқаманд нестанд ва аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқ нашудаанд, истинод биёранд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806).
7. Агар суд таҳқиқоти масъалаҳоро тамомшуда шуморад, раисикунанда ба итмом расидани баррасии масъаларо эълон мекунад ва суд ба хонаи машваратӣ меравад.
8. Дар хонаи машваратӣ ҳар як судя мавқеи худро оид ба масъалаи баррасишаванда озодона баён мекунад ва раисикунанда аз дигар судяҳои мавқеашон номуайян хоҳиш менамояд, ки онҳо низ мавқеашонро оид ба масъалаи баррасишаванда аниқ намоянд.
9. Баъд аз ба имзо расидани қарори қабулкардаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисикунанда ё яке аз судяҳо онро дар маҷлисгоҳи судӣ эълон мекунад.
Моддаи 50. Қатъ намудани пешбурди парванда
1. Пешбурди парванда аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:
- агар дар ҷараёни мурофиаи судӣ муайян карда шавад, ки масъалаи танзимнамудаи қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муайян намудани мувофиқати онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санҷиш пешниҳод шудааст, инчунин баҳс миёни мақомоти давлатӣ оид ба салоҳият дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудааст ё бо хусусият ва аҳамияти худ таҳти тобеияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор надорад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409);
- ихтиёран даст кашидани муроҷиаткунанда аз талаботи дар муроҷиаташ нишондодашуда;
- бекор кардан ё аз эътибор соқит дониста шудани қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муайян намудани мувофиқати онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409);
- дигар ҳолатҳое, ки аз Қонуни конститутсионии мазкур бармеоянд.
2. Даст кашидани муроҷиаткунанда аз талаботи дар муроҷиаташ нишондодашуда дар мурофиаи судӣ то ба хонаи машваратӣ даромадани ҳайати суд қабул карда мешавад. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад аз талаби пешниҳодкардааш даст кашидани муроҷиаткунандаро рад кунад, агар дар санади меъёрии ҳуқуқии мавриди баҳс қароргирифта вайроншавии манфиати давлат ва ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шахсони дигар муайян гардад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806).
3. Дар бораи қатъ кардани пешбурди парванда Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъинот қабул мекунад.
Моддаи 51. Мавқуф гузоштани мурофиаи судӣ
1. Мурофиаи судӣ метавонад дар ҳолатҳои зерин мавқуф гузошта шавад, агар:
- суд тайёрии парвандаро нокифоя ва омӯзиши иловагии онро зарур шуморад;
- мавқуф гузоштани мурофиаи судиро ягон судя ё намояндаи тарафҳо талаб намояд ва асосҳои овардаи онҳо эътимоднок шуморида шаванд;
- дар мурофиаи судӣ шумораи зарурии судяҳо ҳузур надошта бошад;
- яке аз тарафҳо омӯзиши иловагии ҳуҷҷатҳоеро, ки тарафи дигар пешниҳод намудааст, дархост намояд;
- тарафҳо, шоҳидон, мутахассисон ва коршиносон, ки ҳузурашон ҳатмӣ дониста шудааст, ҳозир нашуда бошанд ё агар зарурати таъин намудани экспертиза ва талаб намудани далелҳои иловагӣ ба миён омада бошад;
- ҳуҷҷатҳои дархостшуда, ки барои баррасии парванда моҳиятан заруранд, сари вақт пешниҳод нашуда бошанд;
- ҳолатҳои объективие мавҷуд бошанд, ки аз ҷониби суд узрнок ҳисобида шаванд;
- дигар ҳолатҳое, ки суд асоснок мешуморад.
2. Дар бораи мавқуф гузоштани мурофиаи судӣ таъинот қабул карда мешавад.
3. Баррасии парванда аз тарафи суд баъд аз бартараф шудани асоси мавқуфгузорӣ аз ҳамон марҳилае, ки мавқуф гузошта шуда буд, идома дода мешавад.
Моддаи 52. Боздоштани мурофиаи судӣ
1. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мурофиаи судиро дар ҳолатҳои зерин боздорад:
- фавти шаҳрванд-тарафи мурофиаи судӣ, агар муносибатҳои баҳсноки ҳуқуқӣ ворисии ҳуқуқиро иҷозат диҳад;
- ғайри қобили амал эътироф намудани тараф ё набудани намояндаи қонунии шахсе, ки ғайри қобили амал эътироф шудааст;
- дар муассисаи табобатӣ ё дар сафари хизматии давомнок будани тарафҳо, ки бо ҳуҷҷатҳои дахлдор тасдиқ мегарданд;
- ба вуҷуд омадани зарурати гирифтани хулосаи коршинос.
2. Мурофиаи судии боздошташуда баъд аз бартараф гардидани ҳолатҳое, ки барои боздоштани он асос шуда буданд, оғоз карда шуда, муҳокимаи парванда аз марҳилае, ки боздошта шуда буд, давом дода мешавад.
3. Дар бораи боздоштан ва аз нав оғоз кардани мурофиаи судӣ таъинот қабул карда мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1805).
Моддаи 53. Оқибати ҳозир нашудани тарафҳо ва намояндагони онҳо ба мурофиаи судӣ
Ҳозир нашудани яке аз тарафҳо ё намояндагони онҳо ба мурофиаи судӣ, ки дар бораи вақт ва ҷои гузаронидани мурофиаи судӣ ба таври дахлдор хабардор карда шудаанд, барои баррасии парванда монеъ шуда наметавонад. Дар баробари ин, агар баррасии парванда дар ҳолати иштирок накардани яке аз тарафҳо ё намояндагони онҳо ғайриимкон бошад ё тарафи мазкур дар бораи иштирокаш ҳангоми баррасии парванда хабар дода бошад, мурофиаи судӣ мавқуф гузошта мешавад.
Моддаи 54. Оқибати ҳозир нашудани шоҳидон, коршиносон, мутахассисон ва тарҷумон ба мурофиаи судӣ
1. Дар сурати ба мурофиаи судӣ ҳозир нашудани шоҳидон, коршиносон, мутахассисон ва тарҷумон суд фикри иштирокчиёни мурофиаи судиро оид ба имконияти баррасии парванда бе иштироки шоҳидон, коршиносон, мутахассисон ва тарҷумон шунида, яке аз ин таъинотҳоро қабул мекунад:
- дар бораи моҳиятан баррасӣ намудани парванда бе иштироки шоҳидон, коршиносон, мутахассисон ва тарҷумон;
- дар бораи мавқуф гузоштани баррасии парванда ва таъин намудани вақти дигари баррасии парванда.
2. Таъинотҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида дар маҷлиси судӣ эълон карда шуда, дар протоколи маҷлиси судӣ навишта мешаванд.
БОБИ 11. САНАДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 55. Санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қарор, хулоса ва таъинот иборатанд.
2. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаро моҳиятан баррасӣ намуда, қарор қабул менамояд.
3. Қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда, ба он раисикунанда ва судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо мегузоранд.
4. Дар мавридҳои муқарраркардаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии мазкур, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса қабул мекунад. Хулосаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартибе, ки барои қабул намудани қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, қабул ва эълон карда мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409).
5. Оид ба дигар масъалаҳое, ки аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни конститутсионии мазкур таъинот қабул карда мешавад.
6. Мазмуни қарор ва дигар санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳуқуқии судро, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат менамояд, ифода мекунад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806).
Моддаи 56. Қабули санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овоздиҳии кушода қабул карда мешаванд.
2. Судяҳо ҳуқуқ надоранд аз овоздиҳӣ худдорӣ намоянд ва дар он иштирок накунанд.
3. Раисикунанда дар ҳамаи ҳолатҳо дар охир овоз медиҳад.
4. Қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб меёбад, ки агар ба тарафдории он аксарияти судяҳои дар маҷлиси судӣ иштирокдошта овоз диҳанд.
5. Дар сурати баробар будани овози судяҳо қарор дар бораи ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ ё тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мавриди баҳс қарор дода шудааст, қабул карда мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409).
6. Қарор ва хулосаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз қабул шуданашон фавран эълон карда мешаванд.
Моддаи 57. Фикри махсуси судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон розӣ нест, ҳуқуқ дорад ақидаи махсуси худро дар шакли хаттӣ ифода намояд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 18.03.2015 № 1175).
2. Ақидаи махсуси судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маводи парванда ҳамроҳ карда шуда, ба сифати замимаи қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор карда мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 18.03.2015 № 1175).
Моддаи 58. Мазмуни қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хусусияти масъалаи баррасишаванда инҳо нишон дода мешаванд:
- номи қарор, сана ва ҷои қабули он;
- ҳайати Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қарорро қабул намудааст, котиби маҷлиси судӣ;
- тарафҳо ва намояндагони онҳо;
- меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии мазкур, ки салоҳияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои баррасии ҳамин масъала пешбинӣ менамоянд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409);
- талаби муроҷиаткунанда;
- ҳолатҳое, ки Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;
- номи шартномаҳои байналмилалии ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани онҳо санҷида шудааст (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1805);
- номи қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ ё тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани онҳо санҷида шудааст, бо нишон додани сарчашмаи интишор ё қабули онҳо (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409);
- қарори мақомоти дахлдори давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё шахси мансабдоре, ки ба андешаи муроҷиаткунанда он дар асоси қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ ё тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номувофиқ қабул карда шудааст, бо нишон додани сарчашмаи интишор ё қабули онҳо (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409);
- далелҳое, ки қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо асос ёфтааст, инчунин дар мавриди зарурат далелҳое, ки фикри тарафҳоро рад мекунанд;
- меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онҳоро Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти қабули қарор ба асос гирифтааст (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409);
- асосноккунии қарор;
- тартиби эътибори қонунӣ пайдо кардани қарор, инчунин тартиб ва мӯҳлати иҷрои он;
- қатъӣ будани қарор;
- интишори қарор.
Моддаи 59.
хориҷ карда шуд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806).
Моддаи 60. Ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар дар онҳо тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, аз лаҳзаи қабул шуданашон эътибори қонунӣ пайдо мекунанд.
2. Санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъӣ буда, доир ба онҳо шикоят кардан мумкин нест.
3. Иҷрои санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҳамаи мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, новобаста аз шакли моликият, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон, ки санадҳои судӣ ба онҳо дахл доранд, ҳатмӣ мебошад.
4. Хулосаи тибқи қисми 3 моддаи 34 Қонуни конститутсионии мазкур қабулнамудаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумот гирифта мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806).
5. Қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё меъёрҳои алоҳидаи онҳо, ки аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номувофиқ дониста шудаанд, аз эътибор соқит дониста мешаванд. Қабули такрории санадҳои номбурда, ки ба қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифанд, манъ аст. Ҳангоми қабули чунин санадҳо онҳо эътибори ҳуқуқӣ надоранд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409, аз 23.12.2021 №1806).
6. Қарорҳои судҳо ва дигар мақомот, ки ба қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ ё тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номувофиқ донисташуда асос ёфтаанд, мавриди иҷро қарор намегиранд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409).
7. Ҳангоми ошкор шудани вайронкунии мушаххаси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор ва шахсони мансабдоре, ки ба вайронкунӣ роҳ додаанд, пешниҳод ирсол менамояд ва таваҷҷӯҳи онҳоро ба вайронкунии ошкоршуда, зарурати бартараф намудани он ва дар мӯҳлати муқарраршуда хабар додан дар бораи чораҳои андешидашуда ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб менамояд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409).
8. Дар ҳолати аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудани хулоса дар бораи риоя нашудани тартиби пешниҳоди айбдоркунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар содир намудани хиёнат ба давлат баррасии айбдоркунӣ қатъ карда мешавад.
9. Аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номувофиқ донистани шартномаҳои байналмилалии ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон барои Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор надоштани ин шартномаҳо ё баъзе аз меъёрҳои онҳоро ифода мекунад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409, аз 23.12.2021 №1805).
Моддаи 61. Иҷрои қарор ва хулосаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Қарор ва хулосаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вақти қабул ё вақти дар ин санадҳо муқарраршуда эътибори қонунӣ пайдо менамоянд.
2. Қарор ва хулосаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори омма интишор карда мешаванд. Бо салоҳдиди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои дигари он низ метавонанд интишор карда шаванд.
3. Қарор ва хулосаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомот ва шахсони зерин фиристода мешаванд:
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- хориҷ карда шуд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409);
- тарафҳо;
- ба дигар мақомот ва шахсони мансабдор, шаҳрвандон бо амри Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Дар бораи чораҳои андешидашуда оид ба иҷрои қарор ва хулосаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомот ва шахсони мансабдоре, ки иҷрои санади судӣ ба онҳо вогузор карда шудааст, ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати муқаррарнамудаи он хабар медиҳанд.
Моддаи 62. Оқибати иҷро накардани санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иҷро накардан, ба таври дахлдор иҷро накардан ва ё мамониат намудан ба иҷрои санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегардад.
Моддаи 63. Шарҳи санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ шарҳ дода мешаванд.
2. Шарҳи расмии санадҳои судӣ бо ташаббуси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дархости иштирокчиёни мурофиаи судӣ ё мақомот ва шахсоне, ки санади судӣ ба онҳо равона гардидааст ё барои иҷрои санади судӣ вазифадоранд, дода мешавад.
3. Таъинот дар бораи шарҳи санади Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи судяҳо дар хонаи машваратӣ бо тартибе, ки барои қабули санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, қабул карда мешавад ва аз вақти қабул карда шуданаш эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
4. Нусхаи таъинот дар бораи шарҳи санади Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомот ва шахсоне, ки оид ба шарҳи санади Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудаанд, ба мақомот ва шахсони мансабдори дар қисми 3 моддаи 61 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинигардида ва ба муассисаҳои табъу нашр, ки санади қабулнамудаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи онҳо интишор гардидааст, фиристода мешавад.
Моддаи 64. Протоколи мурофиаи судӣ
1. Ҷараёни мурофиаи судӣ аз лаҳзаи кушодашавии он то пурра ба охир расиданаш дар протоколи мурофиаи судӣ сабт карда мешавад.
2. Дар протоколи мурофиаи судӣ маълумоти зерин нишон дода мешавад:
- сол, моҳ, сана ва маҳалли баргузории мурофиаи судӣ;
- вақти оғоз ва анҷоми мурофиаи судӣ;
- ҳайати суд, ки парвандаро баррасӣ намудааст, бо нишон додани насаб, ном, номи падари судяҳо, котиби маҷлиси судӣ, тарафҳо ва намояндагони онҳо ва дигар шахсони иштирокчии парванда;
- номи парванда;
- маълумот дар бораи ҳозир шудани тарафҳо ва намояндагони онҳо, дигар шахсони иштирокчии парванда ва даъватшудагон;
- маълумот оид ба фаҳмондани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо ва намояндагони онҳо, дигар шахсони иштирокчии парванда ва даъватшудагон;
- таъиноте, ки суд дар мурофиаи судӣ қабул намудааст;
- аризаҳо, дархостҳо ва баёноти тарафҳо ва намояндагони онҳо;
- нишондоди шоҳидон, аз ҷониби коршиносон тавзеҳ додани хулосаҳои худ ва эзоҳи мутахассисон;
- муҳтавои хулосаи намояндагони мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ;
- муҳтавои музокираҳои судӣ;
- маълумот оид ба эълон ва шарҳи муҳтавои санади судӣ;
- маълумот дар хусуси ба тарафҳо ва намояндагони онҳо, дигар шахсони иштирокчии парванда фаҳмондани ҳуқуқҳояшон барои шинос шудан бо протоколи мурофиаи судӣ;
- санаи тартиб додани протоколи маҷлиси судӣ (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806).
3. Бо мақсади пурра таҳия намудани протокол стенограмма, воситаҳои сабти овоз ва дигар воситаҳои техникӣ истифода бурда мешаванд. Истифодаи воситаҳои техникии сабти овоз ва дигар воситаҳои техникии сабти рафти мурофиаи судӣ дар протокол дарҷ карда мешавад. Воситаҳои техникии сабти овозу сурат ба протоколи мурофиаи судӣ замима мегарданд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806).
4. Протоколи мурофиаи судӣ бояд дар муддати на дертар аз панҷ рӯзи баъд аз ба охир расидани мурофиаи судӣ таҳия ва чоп карда шавад.
5. Протоколи мурофиаи судӣ аз тарафи котиби маҷлиси судӣ таҳия гардида, ба он раисикунанда ва судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо мекунанд.
6. Тарафҳо ва намояндагони онҳо, дигар шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ доранд бо протокол шинос шаванд(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806).
БОБИ 12. ЧОРАҲОИ ҲИМОЯИ МУРОФИАВИИ ФАЪОЛИЯТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 65. Ҳуқуқи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи чораҳои ҳимояи мурофиавӣ
1. Раисикунанда тартиботро дар маҷлиси судӣ таъмин менамояд, ба вайронкунандагони тартибот огоҳӣ медиҳад ва дар сурати давом додани вайронкунии тартибот онҳоро аз толори мурофиаи судӣ берун мекунад.
2. Вайронкунандагони тартибот дар мурофиаи судӣ тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд, агар дар ҳаракатҳои онҳо аломатҳои ҷиноят набошад.
Моддаи 66. Хароҷоти судӣ
1. Хароҷоти судӣ аз боҷи давлатӣ ва хароҷоти вобаста ба баррасии парванда иборат аст.
2. Андоза ва тартиби пардохти боҷи давлатӣ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" муайян карда мешавад.
3. Ҳангоми баррасӣ нагардидани муроҷиат ё қатъ гардидани пешбурди парванда боҷи давлатӣ ба муроҷиаткунанда пас гардонида мешавад.
4. Хароҷоти вобаста ба баррасии парванда аз маблағи харҷкардаи шоҳидон, мутахассисон, коршиносон, тарҷумонҳо, ки онҳоро Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намудааст, маблағи барои гузаронидани экспертиза харҷшуда ва дигар хароҷоти вобаста ба омода намудан ва баррасӣ кардани парванда иборат мебошанд, ки онҳо дар асоси таъиноти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ пардохта мешаванд.
5. Хароҷоти вобаста ба иҷрои талаботи ҳатмии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки иҷрои талабот ба зиммаи онҳо гузошта шудааст, пардохта мешавад.
6. Тарафе, ки вобаста ба баррасии парванда дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ харҷ кардааст, ҳуқуқ дорад рӯёнидани онро аз шахсони мушаххас бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намояд.
БОБИ 13. МАБЛАҒГУЗОРӢ, ТАЪМИНОТИ МОДДӢ ВА ҲИМОЯИ ИҶТИМОИИ СУДЯҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 67. Музди меҳнати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Музди меҳнати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маоши вазифавӣ, иловапулиҳо барои дараҷаи тахассусӣ ва собиқаи корӣ иборат аст.
2. Андозаи маоши вазифавӣ, андоза ва тартиби додани иловапулиҳо барои дараҷаи тахассусӣ ва собиқаи кории судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
3. Аз рӯи масъалаҳои таъминоти маишӣ, тиббӣ ва техникӣ Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ӯ ва судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввал ва муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар мебошанд.
4. Ба судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми давраи кораш шиносномаи дипломатӣ дода мешавад.
Моддаи 68. Кафолатҳои дигари моддӣ барои судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор аст на дертар аз се моҳи интихоб шудани судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар мавриди зарурати беҳтар намудани шароити манзилиаш барои вай бидуни навбат дар шаҳри Душанбе хонаи истиқоматӣ бо назардошти ҳуқуқи судя ба майдони иловагии зист ба андозаи на камтар аз 20 метри мураббаъ ё дар шакли утоқи алоҳида диҳад.
2. Баъд аз ба охир расидани 10 соли кори судягӣ хонаи истиқоматие, ки аз ҳисоби фонди давлатии манзил ба судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, ройгон ба моликияти ӯ дода мешавад. Ба судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилааш 50 фоизи музди хонаи истиқоматӣ дар хонаҳои фонди давлатии манзил, инчунин 50 фоизи маблағи тамоми хизматрасонии коммуналӣ (гармидиҳии марказӣ, таъмини об ва ғайра) пардохт карда мешавад.
3. Бо розигии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ дар доираи имкониятҳои буҷети давлатӣ ба ҷои хонаи истиқоматӣ қарзи бефоиз аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои харидан ё сохтани манзил дода мешавад.
4. Хизматрасонии тиббӣ ба судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ дар ҳамон муассисаи табобатӣ, ки то ба мансаби нави давлатӣ гузаштан ё гузаронидан ва ба истеъфо ё ба нафақа баромадани судя расонида мешуд, нигоҳ дошта мешавад.
5. Дар сурати озод кардан аз вазифа ва ё бозхонди судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи асосҳое, ки дар сархатҳои чорум ва панҷуми моддаи 14 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ гардидаанд, ба оилаи вай кӯмакпулии якдафъаина ба андозаи музди меҳнати панҷмоҳаи судя дода мешавад.
6. Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи брон ва бе навбат гирифтани ҷой дар меҳмонхонаҳо, харидани чиптаҳо дар ҳамаи намудҳои нақлиёт истифода мебарад.
7. Ба судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба нафақа баромадан ба андозаи музди меҳнати семоҳа кӯмакпулии якдафъаина дода мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806).
Моддаи 69. Тадбирҳо доир ба ҳимояи иҷтимоии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ
1. Ҳаёт ва саломатии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи музди меҳнати ҳаштмоҳааш суғуртаи ҳатмии давлатиӣ карда мешавад.
2. Мақомоти суғуртаи давлатӣ дар ҳолатҳои зерин маблағи суғуртаро пардохт менамоянд:
- вафот кардани судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи кор, агар ин ҳодиса ҳангоми иҷрои вазифа дар натиҷаи расидани зарар ба саломатӣ ба амал омада бошад, ба ворисони вай ба андозаи музди меҳнати ҳаштмоҳаи судяи Суди конститутсионӣ;
- ҳангоми иҷрои вазифа маъюб шудани судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё расидани зарари дигар ба саломатии ӯ, ки имконияти минбаъд бо фаъолияти касбӣ машғул шудани ӯро номумкин мегардонад, ба андозаи музди меҳнати шашмоҳаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Дар сурати маъюб шудан ё расидани зарари дигар ба саломатии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифа, ки имконияти минбаъд ба фаъолияти касбӣ машғул шудани ӯро номумкин мегардонад, ба судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли тафовути байни музди меҳнат ва нафақаи таъиншуда бидуни дарназардошти маблағе, ки аз суғуртаи давлатӣ гирифтааст, ҷубронпулии ҳармоҳа дода мешавад.
4. Дар сурати вафот кардани судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бинобар расидани зарар ба саломатӣ ҳангоми иҷрои вазифа ба истеъфо баромадани ӯ, ба аъзои ғайри қобили меҳнати оилааш, ки дар таъминоти ӯ мебошанд, ҳар моҳ ба андозаи фарқияти қисми маоши судяи вафоткарда, ки барои онҳо рост меояд, нафақае, ки бинобар бе саробон мондан барои онҳо таъин шудааст, бидуни назардошти пардохте, ки аз суғуртаи давлатӣ гирифтааст, ҷубронпулӣ дода мешавад.
5. Товони зараре, ки дар натиҷаи нобуд ё вайрон кардани молу мулки судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аъзои оилаи вай вобаста ба фаъолияти хизматӣ расонида шудаааст, ба ӯ ё ба аъзои оилааш дар ҳаҷми пурра пардохт карда мешавад.
6. Пардохти товони зараре, ки дар қисмҳои 3, 4 ва 5 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ сурат мегирад.
7. Ҳуқуқи гирифтани бинои истиқоматӣ аз рӯи шартҳо ва асосҳое, ки то вафот кардани судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд доштанд, барои оилаи вай низ нигоҳ дошта мешавад.
Моддаи 70. Дараҷаҳои тахассусии судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаҳои дараҷавии кормандони дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ба Раис, муовини ӯ ва судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаҳои тахассусӣ ва ба кормандони дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои дараҷавӣ дода мешаванд.
2. Дараҷаҳои тахассусии судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаҳои дараҷавии кормандони дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
3. Низомномаи тартиби додани дараҷаҳои тахассусии судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаҳои дараҷавии кормандони дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
4. Ба кормандони дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хизматчии давлатӣ ба ҳисоб мераванд, рутбаҳои тахассусӣ дода мешаванд, ки тартиби додани онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ муқаррар менамояд.
Моддаи 71. Рухсатии меҳнатии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ба Раис, муовини ӯ ва судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда бо давомнокии на камтар аз 35 рӯзи тақвимӣ дода мешавад.
2. Барои судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми доштани собиқаи кории касбӣ ба муддати зайл рухсатии иловагии пулакӣ дода мешавад:
баъди 7 соли собиқаи корӣ - 3 рӯзи тақвимӣ (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1805);
баъди 10 соли собиқаи корӣ - 5 рӯзи тақвимӣ;
баъди 15 соли собиқаи корӣ - 10 рӯзи тақвимӣ;
баъди 20 соли собиқаи корӣ - 15 рӯзи тақвимӣ.
3. Бо хоҳиши судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатӣ мумкин аст қисм-қисм дода шавад ва дар ин маврид давомнокии як қисми рухсатии додашуда набояд аз 14 рӯзи тақвимӣ камтар бошад.
4. Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рухсатии бемузд ба мӯҳлати на зиёда аз 60 рӯзи тақвимӣ ҳуқуқ дорад.
Моддаи 72. Муҳофизати ҳуқуқи меҳнатии судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ба судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мӯҳлати ваколаташ ба охир расидааст ё хоҳиши ӯ барои ба истеъфо баромаданаш қонеъ гардонида шудааст, вазифаи (кори) пештарааш ва ё вазифаи (кори) ба он баробар дода мешавад.
2. Муддати дар вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардан ҳамчун собиқаи кории касбӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
Моддаи 73. Маблағгузории Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1.Маблағгузории Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин карда мешавад.
2. Сметаи хароҷоти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 74. Таъмини нафақаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таъмини нафақаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" амалӣ карда мешавад.
Моддаи 75. Таъмини амнияти судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои оилаашон ва молу мулки онҳо таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор доранд.
2. Муҳофизати бино ва молу мулки судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сурати зарурат муҳофизати судя ва аъзои оилаи вай, хонаи истиқоматӣ ва молу мулки ба онҳо тааллуқдошта бо аризаи судя ва аъзои оилаи ӯ ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ гузошта, ройгон иҷро карда мешавад.
3. Судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифта гаштан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани силоҳи хизматӣ ҳуқуқ доранд, ки тартиби онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 76. Ҷавобгарӣ барои беэҳтиромӣ нисбат ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяҳои он
Беэҳтиромӣ нисбат ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяҳои он, ҳамчунин содир намудани кирдоре, ки аз беэътиноии ошкоро нисбат ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.
БОБИ 14. ДИГАР МАСЪАЛАҲОИ ТАШКИЛ ВА ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 77. Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои иттилоотию маълумотдиҳӣ, илмию машваратӣ, ёрирасонию ташкилӣ ва таъминотии фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяҳои онро иҷро менамояд.
2. Низомнома дар бораи дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
3. Сохтор ва шумораи умумии кормандони дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
4. Андозаи маоши мансабӣ, иловапулӣ барои рутбаи тахассусӣ ва собиқаи хизмати давлатӣ, инчунин шартҳо ва тартиби пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатии дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" муайян карда мешавад.
Моддаи 78. Либос, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мурофиаи судиро бо либоси махсус ва нишони сарисинагӣ мегузаронанд, ки тасвир ва намунаи онҳо бо пешниҳоди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
2. Ба судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатнома дода мешавад, ки намунаи он бо пешниҳоди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
3. Шаҳодатномаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо карда мешавад(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1805).
Моддаи 79. Шӯрои илмию машваратии назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Дар назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби олимон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқ Шӯрои илмию машваратӣ ташкил карда мешавад.
2. Низомномаи Шӯрои илмию машваратӣ аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 80. Қароргоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Қароргоҳи доимии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе мебошад.
2. Мурофиаҳои судии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи доимии он гузаронида мешаванд. Суди конститутсионӣ мурофиаҳои судии худро берун аз қароргоҳ низ гузаронида метавонад.
Моддаи 81. Рамзҳои давлатӣ дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар болои бинои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои кории судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишони давлатӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.
Моддаи 82. Мӯҳри Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мӯҳр мебошад, ки дар он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир ёфта, номи суд сабт карда мешавад.
Моддаи 83. Нашрияи расмии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашрияи расмии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мебошад.
БОБИ 15. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 84. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 85. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №21, мод. 223; с. 1997, №9, мод. 110; с. 1998, №10, мод. 111; мод. 115; с. 2000, №6, мод. 349; с. 2001, №4, мод. 200; с. 2004, №2, мод. 43; с. 2006, №3, мод. 142; с. 2007, №7, мод. 650; с. 2008, №3, мод. 180; №10, мод. 794; с. 2009, №7-8, мод. 488; с. 2011, №6, мод. 427; с. 2013, №3, мод. 175) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 86. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии мазкур
Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ Раҳмон
Ш. Душанбе,
26 июли соли 2014, № 1083
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оиди тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 3 ноябри соли 1995, № 85 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 21, мод. 224; с. 1997, №9, мод. 111; с. 1998, №10, мод. 112; мод. 116), қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2000, №5, мод. 260; с. 2001, №4, мод. 201; с. 2003, №12, мод. 723; с. 2006, №2, мод. 76; с. 2007, №6, мод. 511; с. 2008, №2, мод. 111; №6, мод. 518; с. 2009, №6, мод. 439; с. 2011, №5, мод. 358; с. 2013, №1, мод. 19) аз эътибор соқит дониста шаванд.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 4 июни соли 2014, №1511
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИ КИСТОН
Оид ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш.Душанбе, 17 июли соли 2014, №672
 
 

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 15/01/2020 - 11:24
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Рақам: 
1084
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
26.07.2014
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 1, мод. 380; с. 2015, №7-9, мод. 698; с. 2016, №7, мод. 603; с. 2018, №2, мод. 62; Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2021, №1751)
(Қонуни конститусионии ҶТ аз 8.08.2015 № 1212, аз 23.07.2016 № 1328, аз 21.02.2018 № 1509, аз 29.01.2021 № 1751, аз 20.04.2021 № 1772, аз 23.12.2021 № 1807)
 
Қонуни конститутсионии мазкур асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти судҳо, тартиби интихоб, таъин, бозхонд ва озод намудани судяҳоро муқаррар намуда, инчунин дигар муносибатҳоро вобаста ба фаъолияти ташкилию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо ба танзим медарорад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 2. Ҳокимияти судӣ
1. Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ карда мешавад.
2. Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо аз ҷониби судҳо дар симои судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани адолати судӣ ҷалб шудаанд, амалӣ карда мешавад. Ягон мақомот ё шахси дигар ҳуқуқи амалӣ намудани адолати судиро надоранд.
3. Ҳокимияти судӣ фаъолияти худро тавассути мурофиаи судии конститутсионӣ, маданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ амалӣ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084).
 
4. Тартиби аз тарафи судҳо баррасӣ намудани парвандаҳоро қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 3. Низоми ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Низоми ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд.
2. Тартиби ташкил ва фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муайян менамояд.
3. Ташкили суди фавқулодда ва судҳое, ки Қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ накардааст, манъ аст.
Моддаи 4. Вазифаҳои суд
1. Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон эълон намудаанд, ҳифз менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
2. Вазифаи суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ мебошад.
Моддаи 5. Принсипҳои фаъолияти судӣ
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судӣ танҳо аз тарафи суд амалӣ карда мешавад.
2. Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.
3. Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.
4. Мурофиа дар ҳамаи судҳо ба тарзи ошкоро мегузарад, ба истиснои мавридҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.
5. Мурофиа ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат мегирад.
Моддаи 6. Ҷавобгарӣ барои беэҳтиромӣ нисбати суд
Беэҳтиромӣ нисбати суд, ҳамчунин содир намудани кирдоре, ки аз беэътиноии ошкоро нисбат ба суд шаҳодат медиҳад, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.
Моддаи 7. Манъ будани дахолат ба фаъолияти суд
1. Дахолат ба фаъолияти суд манъ аст. Дар ҳар шакл дахолат кардан ба фаъолияти суд бо мақсади монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.
2. Воситаҳои ахбори омма ва журналистон ҳуқуқ надоранд дар ахборашон натиҷаи пешакии мурофиаи судии парвандаи мушаххасро, ки аз рӯи он қарор эътибори қонунӣ пайдо накардааст, мавриди муҳокима қарор диҳанд.
3. Судя вазифадор нест дар бораи моҳияти парвандаҳое, ки баррасӣ шудаанд ё мавриди баррасӣ қарор доранд, ба ягон мақомот ё шахси мансабдор баёнот (маълумот, ахборот) диҳад, инчунин онҳоро барои шинос шудан дар ихтиёри касе гузорад, ба ғайр аз ҳолатҳо ва тартибе, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Моддаи 8. Мустақилияти судяҳо
1. Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун итоат мекунанд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
2. Мустақилияти судя таъмин мегардад бо:
- тартиби махсуси интихоб, таъин, озод ва бозхонд шудан;
- дахлнопазирии судя;
- амалӣ намудани адолати судӣ тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- манъи ҳама гуна дахолат ба фаъолияти судя дар амалӣ намудани адолати судӣ бо таҳдиди ҷавобгарӣ;
- ҷавобгарӣ барои беэҳтиромӣ нисбати суд, судя;
- ҳуқуқи ба истеъфо баромадан, бо хоҳиши худ ба кори дигар гузаштан, аз вазифа озод шудан, ба нафақа баромадан ва бозхонди судя;
- муҳайё намудани шароити ташкилӣ ва моддӣ-техникӣ барои фаъолияти судҳо;
- мувофиқи мақом аз ҳисоби давлат аз ҷиҳати моддӣ ва иҷтимоӣ таъмин намудани судя.
3. Кафолати мустақилияти судяҳо, аз ҷумла чораҳои ҳимояи ҳуқуқӣ, таъминоти моддӣ ва иҷтимоии онҳо, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, ба ҳамаи судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегарданд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 9. Таъмини амнияти судяҳо
1. Судяҳо, аъзои оилаи онҳо ва молу мулки онҳо таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор доранд.
2. Муҳофизати бино ва молу мулки судҳо, дар сурати зарурат, бо аризаи судя ё аъзои оилааш, муҳофизати судя ва аъзои оилаи ӯ, хонаи истиқоматӣ ва молу мулки онҳо ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ гузошта, ройгон иҷро карда мешавад.
3. Судя барои гирифта гаштан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани силоҳи хизматӣ ҳуқуқ дорад, ки тартиби онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 10. Дахлнопазирии судя
1. Судя ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад.
2. Дахлнопазирии судя ба ҳаёт, қадр ва номуси ӯ, манзили истиқоматӣ, утоқи хизматӣ, воситаҳои нақлиёт ва алоқае, ки дар истифодаи ӯ қарор доранд, инчунин ба муросилот, ашё ва ҳуҷҷатҳои судя паҳн мегардад.
3. Парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати судя танҳо аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешаванд. Пешбурди тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ ва пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати судя аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.
4. Бе ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ё маъмурӣ кашидан, ба ҳабс ё ҳабси хонагӣ гирифтани судяи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин нест.
5. Бе ризоияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, ба ҳабс ё ҳабси хонагӣ гирифтани судяи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе мумкин нест.
6. Чораҳои маҷбуркунии мурофиавӣ дар намуди ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтани судя, муваққатан дур кардан аз вазифа, азназаргузаронии манзил, кофтукови манзил ва утоқи хизматии ӯ, ҳабси молу мулк, гӯш ва сабт кардани гуфтугӯи телефонӣ ва дигар гуфтугӯҳо, ҳабси муросилот, азназаргузаронӣ ва ёфта гирифтани онҳо, кофтуков, ёфта гирифтани ашё, ҳуҷҷатҳои дорои маълумот дар бораи пасандоз ва суратҳисобҳои бонкӣ, ҳабси маблағҳои дар суратҳисобҳо ва пасандозҳо ё дар нигоҳдории бонк ва ташкилотҳои кредитӣ қарордоштаи судя бо дархости прокурор ё муфаттиш бо розигии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷозати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд.
7. Дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтукови шахсии судя, азназаргузаронии молу мулк, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, ки онҳоро истифода мебарад, танҳо дар вақти дастгир намудани ӯ ҳангоми содир кардани ҷиноят, дар дигар мавридҳо бошад, танҳо вобаста ба парвандаи ҷиноятии оғозгардида нисбати судя бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 11. Ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои судӣ
1. Фармон, ҳалнома, ҳукм, таъинот ва қарори суд, судяҳо, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ буда, бояд дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бечунучаро ба иҷро расонида шаванд.
2. Суде, ки санади судиро баровардааст, иҷрои онро назорат мекунад.
3. Тартиби иҷрои санадҳои судиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
4. Иҷро накардан ва ё монеъ шудан ба иҷрои санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.
БОБИ 2. ИНТИХОБ, ТАЪИН, БОЗХОНД ВА ОЗОД НАМУДАНИ СУДЯ
Моддаи 12. Талабот нисбати номзадҳо ба вазифаи судя
(Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328)
1. Ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе интихоб ё таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, забонҳои давлатӣ ва хориҷиро донад, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошад (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084).
2. Ба вазифаи судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбии гарнизонҳо, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, , забонҳои давлатӣ ва хориҷиро донад, хизмати ҳарбии ҳатмии мӯҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад ва синни ӯ аз 25 кам набошад ва ҳадди ақал 3 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад (Қонуни конститусионии ҶТ аз 29.01.2021 № 1751, , аз 13.11.2024 № 2084).
3. Синни ниҳоии дар вазифаи судя будан барои занон 58 ва барои мардон 63 мебошад.
4. Номзад ба вазифаи судяи суди ҳарбӣ, инчунин ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" бояд ҷавобгӯ бошад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 13. Судяҳо
1. Судяҳо шахсоне мебошанд, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти амалӣ намудани адолати судиро доранд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
2. Раисон, муовинони якум ва муовинони раисони судҳо судя ба ҳисоб рафта, ваколатҳои худро тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур, кодексҳои мурофиавӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
3. Ҳамаи судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мақоми ягона буда, танҳо бо ваколат ва салоҳияти худ тафовут доранд.
4. Талаботи қонунии судяҳо ҳангоми иҷрои ваколатҳояшон барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошанд. Маълумот, ҳуҷҷатҳо ва нусхаҳои онҳо, ки барои амалӣ намудани адолати судӣ заруранд, бо талаби судя ройгон дода мешаванд.
5. Иҷро накардани талаботи қонунии судя тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.
Моддаи 14. Талаботе, ки нисбати судя пешниҳод мешаванд
1. Судя бояд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд, дониш ва таҷрибаи худро барои иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи ӯ гузошта шудаанд, истифода кунад, ваколатҳояшро бо маҳорати касбӣ иҷро намояд ва сазовори номи судя бошад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
2. Судя ҳангоми амалӣ намудани адолати судӣ, инчунин дар муносибатҳои ғайрихизматӣ бояд аз содир намудани ҳама гуна амалҳое, ки боиси паст задани обрӯи ҳокимияти судӣ, қадр ва номуси судя мегарданд ё беғаразона, одилона ва холисона будани амали вайро зери шубҳа мемонанд, худдорӣ намояд.
3. Судя ӯҳдадор аст маҳдудиятҳоро, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба коррупсия" пешбинӣ гардидаанд, риоя намояд. Судя ҳангоми таъин (интихоб) шудан ба вазифа ва ҳангоми адои вазифа ӯҳдадор аст ҳар сол бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худ пешниҳод намояд. Маълумоти пешниҳодшуда, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошкор карда намешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 20.04.2021 № 1772).
4. Судя набояд вазифаи дигареро ишғол кунад, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад ё аз ҷиҳати моддӣ онҳоро дастгирӣ намояд, ба соҳибкорӣ машғул шавад, ба ғайр аз фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.
5. Судя ҳуқуқ надорад:
- оид ба моҳияти парванда то эътибори қонунӣ пайдо намудани санадҳои судии қабулкардааш ягон гуна изҳороти оммавӣ ва ё тафсир диҳад;
- тӯҳфаҳое, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматиаш алоқаманд мебошад, қабул намояд. Тӯҳфаҳое, ки судя дар вақти гузаронидани маъракаҳои протоколӣ, сафари хизматӣ ва дигар маъракаҳои расмӣ гирифтааст, бо тартиб додани санад ба суде, ки дар он фаъолият мекунад, супорида мешавад.
- иттилоотеро, ки вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои худ ба даст овардааст, ифшо намояд. Иттилооти махфиеро, ки ба судя бинобар адои вазифааш маълум гардидааст, аз ҷониби ӯ ба мақсадҳое, ки ба иҷрои вазифаҳояш алоқаманд нестанд, истифода бурдан ва ё ба каси дигар ошкор кардан мумкин нест.
6. Судя дар ду сол як маротиба бо такмили ихтисос фаро гирифта шуда, пас аз хатми он ба ӯ сертификати шакли муқарраргардида дода мешавад.
Моддаи 15. Мӯҳлати ваколати судяҳо
1. Судяҳо ба мӯҳлати 10 сол интихоб ё таъин карда мешаванд.
2. Ҳангоми дар давраи ваколаташ аз як суд ба суди дигар интихоб ё таъин гаштан мӯҳлати даҳсолаи ваколати судя аз рӯзи интихоб ё таъини нав ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 16. Интихоб ва таъини судя
1. Судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб менамояд.
2. Судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳияро бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328, (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509).
 
Моддаи 17. Савганди судя
(Қонуни конст. ҶТ аз 20.04.2021 № 1772)
1. Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ дар ҷамъомади судяҳо чунин савганд ёд мекунад: "Ботантана савганд ёд мекунам, ки вазифаи худро бошарафона, холисона, поквиҷдонона ва одилона иҷро менамоям, танҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун итоат карда, адолати судиро амалӣ менамоям. Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам".
2. Ҳангоми маросими савгандёдкунии судя Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.
3. Ҳангоми савгандёдкунӣ судя рост истода, дасти росташро ба болои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, савганд ёд мекунад. Пас аз савганд ёд кардан судя матни савгандро бо имзои шахсии худ тасдиқ ва санаи қабули онро сабт менамояд. Матни савганд дар парвандаи шахсии судя нигоҳ дошта мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 20.04.2021 № 1772).
Моддаи 17(1). Боздоштани ваколатҳои судя
(Қонуни конст. ҶТ аз 23.12.2021 № 1807).
1. Ваколатҳои судя дар ҳолатҳои зерин муваққатан боздошта мешаванд:
- агар ӯ бо вайрон кардани тартиби муқарраргардида интихоб ё таъин шуда бошад;
- агар ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан аз вазифа дур карда шавад;
- агар бо тартиби муқарраршуда барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ӯ ризоият дода шуда бошад.
2. Ваколатҳои судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои шаҳр ва ноҳия бо пешниҳоди раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе бо пешниҳоди раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон то аз байн рафтани асосҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда аз ҷониби Коллегияи тахассусии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан боздошта мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.12.2021 № 1807). 
Моддаи 18. Бозхонд ва озод намудани судя
1. Бозхонд ва озод намудани судя дар ҳолатҳои зерин амалӣ мегардад:
- қонеъ намудани аризаи хаттии судя дар бораи истеъфо;
- бо хоҳиши худӣ судя;
- расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328);
- бо сабаби ба кори дигар гузаштан;
хориҷ карда шуд(Қонуни конст. ҶТ аз 20.04.2021 № 1772)
- бо сабаби аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада рафтан;
- машғул шудан ба фаъолияте, ки ба вазифаи ӯ номувофиқ аст;
- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунанда, ки нисбати ӯ бароварда шудааст;
- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи ғайри қобили амал эътироф намудани судя ё маҳдуд намудани қобилияти амалкунии вай (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084);
- риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конст. ҶТ аз 23.12.2021 № 1807);
- бо сабаби вазъи саломатӣ ва ё бо дигар сабабҳои узрнок дар муддати дароз (на камтар аз чор моҳ пай дар пай) вазифаҳои худро иҷро карда натавонистани судя;
- қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328);
- нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ бошад(Қонуни конст. ҶТ аз 20.04.2021 № 1772);
- дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худ маълумоти бардурӯғ пешниҳод карда бошад(Қонуни конст. ҶТ аз 20.04.2021 № 1772);
- таҷдиди сохтори суд (судҳо) ё ихтисори шумораи судяҳо;
- вафоти судя;
- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи бедарак ғоибшуда эътироф намудан ё вафоткарда эълон намудани судя (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084);
- риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ё содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад;
- риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат;
- бо асосҳои ғайрисафедкунанда рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати судя ё қатъи пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бо озод кардани ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084).;
- ба охир расидани мӯҳлати ваколати судя;
- ошкор гардидани номуносибии судя ба вазифаи ишғолкардааш.
2. Аз рӯйи асосҳое, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан бозхонд ва озод карда мешаванд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328, аз 21.02.2018 № 1509).
3. Аз як суд ба суди дигар гузаронидани судя танҳо бо розигии ӯ сурат мегирад.
Моддаи 19. Истеъфои судя
1. Истеъфои судя бо ифтихор аз вазифа рафтани судя мебошад. Барои судяе, ки дар истеъфо мебошад, номи судя, кафолати дахлнопазирии шахсӣ ва мансубият ба итиҳодияи ҷамъиятии "Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта, дар ин хусус ба ӯ аз ҷониби мақомоте, ки истеъфояшро қабул кардааст, шаҳодатномаи судяи дар истеъфобуда дода мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
2. Ҳар судя бо хоҳиши худ сарфи назар аз синну сол ҳангоми на камтар аз 35 сол собиқаи кории умумии ҳуқуқшиносӣ, аз он ҷумла на камтар аз 25 сол собиқаи кории судягӣ доштан ҳуқуқ дорад тибқи асосҳои дар сархатҳои якум, ҳаштум, даҳум ва нуздаҳуми қисми 1 моддаи 18 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинигардида, ба истеъфо барояд. Истеъфои судя аз ҷониби мақомоте, ки ӯро интихоб ва ё таъин кардааст, қабул карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 23.12.2021 № 1807).
3. Ба судяи дар истеъфобуда, ки на камтар аз 25 сол собиқаи кории судягӣ дорад ва собиқаи кории умумиаш аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ на камтар аз 35 сол аст, баробари 50 фоизи музди меҳнати вазифаи дахлдори судягӣ таъминотпулии ҳармоҳаи умрбод дода мешавад, ки он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон индексатрия карда мешавад. Таъминотпулии ҳармоҳаи умрбод ба андозаи як фоизи музди меҳнат барои ҳар як соли пурраи минбаъдаи корӣ дар вазифаи судя зиёд карда мешавад, вале он аз 60 фоизи музди меҳнати ӯ зиёд шуда наметавонад.
4. Ба судяи ба истеъфо рафта ё ба нафақа баромада ба андозаи музди меҳнати семоҳа кӯмакпулии якдаъфаина дода мешавад.
5. Таъминотпулии ҳармоҳаи умрбод ё нафақа ба судя дар суди ҷои кори охирин ё дар суди маҳалли зист аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда мешавад.
6. Агар судяи ба истеъфобаромада ба талаботи Қонуни конститутсионии мазкур нисбати судя ҷавобгӯ набошад, инчунин дар сурати дубора ба вазифаи судя интихоб ё таъин шуданаш истеъфои вай қатъ мегардад.
7. Истеъфои судяи Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда мешавад.
8. Истеъфои судяи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328, аз 21.02.2018 № 1509).
9. Судяе, ки истеъфояш қатъ гардидааст, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини нафақа ҳуқуқ дорад.
10. Кор дар вазифаҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони якум ва муовинони онҳо, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, агар онҳо қаблан дар вазифаи судягӣ на камтар аз 5 сол фаъолият дошта бошанд, ҳамчун собиқаи кори судягӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
Моддаи 20. Машваратчиёни халқӣ
1. Машваратчиёни халқӣ ҳангоми амалӣ намудани адолати судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ аз тамоми ҳуқуқҳои судя истифода мебаранд.
2. Ба ҳар як судя бист машваратчии халқӣ интихоб карда мешавад.
3.Тартиби интихоб, музди меҳнат, кафолату имтиёзҳои машваратчиёни халқиро Низомнома дар бораи машваратчиёни халқӣ, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян менамояд.
БОБИ 3. СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 21. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии судӣ ба ҳисоб рафта, назорати судиро аз болои фаъолияти Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия оид ба парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар парвандаҳои дар тобеияти ин судҳо буда амалӣ намуда, барои ташкили кори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, таъминоти моддию техникии онҳо, хоста гирифтан ва тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судя, такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, пешниҳод барои ба вазифа интихоб ва таъин намудан, аз вазифа бозхонд ва озод кардани судяҳо, ташкили имтиҳоноти тахассусӣ ва иҷрои ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328, аз 13.11.2024 № 2084).
Моддаи 22. Салоҳияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар доираи салоҳияти худ парвандаҳоро дар марҳилаи якум, ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ баррасӣ менамояд;
- пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хулосаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурди парвандаҳо бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда баррасӣ менамояд;
- аризаи тарафҳо, прокурор, дигар шахсони иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамудаи қабулнамудаи ӯ, инчунин санадҳои судии судҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ё назоратӣ, ки дар асоси онҳо ҳалномаи суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё ҳалномаи нав қабул шудааст, баррасӣ менамояд;
- дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ва ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328);
- таҷрибаи судиро ҷамъбаст намуда, оид ба татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳоти дастурӣ медиҳад;
- омори судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳияро таҳлил менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328);
- дар доираи салоҳияташ масъалаҳоеро, ки аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, баррасӣ менамояд;
- оид ба такмили қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор таклифҳо таҳия ва пешниҳод мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328);
- оид ба такмили низоми судӣ-ҳуқуқӣ ва мусоидат намудан ба таҳкими мустақилияти судҳо таклифҳо пешниҳод менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328);
- масъалаҳоро оид ба таъминоти кадрӣ, молиявӣ, ташкилӣ ва моддию техникии судҳои поёнӣ баррасӣ мекунад;
- ваколатҳои дигареро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, амалӣ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 23. Ҳайати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328)
1. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Раис, муовини якум, муовинони Раис, судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешаванд, иборат мебошад.
2. Шумораи судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
3. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати зерин фаъолият мекунад:
- Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои мадании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084);
- коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 24. Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум, муовинони ӯ, котиби Пленум ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
2. Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зарурӣ, вале на камтар аз ду маротиба дар як сол аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешавад.
3. Маълумот дар бораи рӯзи даъвати Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавод, лоиҳаҳои қарорҳо аз рӯйи масъалаҳои муҳокимашаванда ба аъзои Пленум ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз чордаҳ шабонарӯз то маҷлис фиристонида мешаванд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
4. Дар маҷлиси Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд.
5. Дар маҷлиси Пленум бо даъвати Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раисони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон ва судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, аъзои Шӯрои илмию машваратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони дахлдор ва шахсони дигар иштирок карда метавонанд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 25. Салоҳияти Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумора ва ҳайати Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанберо тасдиқ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328);
- бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисон ва ҳайатҳои коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;
- бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон котиби Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб менамояд;
- ҳисоботро оид ба кори Раёсат ва коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳо ва коллегияҳои судии Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия мешунавад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328);
хориҷ карда шуд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328)
- аз натиҷаи ҷамъбасти амалияи судӣ бо мақсади ҷорӣ намудани таҷрибаи якхела ва татбиқи дурусти қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳоти дастурӣ медиҳад;
- пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба судҳо додани тавзеҳоти дастурӣ оид ба масъалаҳои амалияи судӣ аз рӯи парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328, аз 13.11.2024 № 2084);
- гузоришҳои раисони Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳияҳоро дар бораи таҷрибаи татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар бораи иҷрои тавзеҳоти дастурии Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешунавад;
- бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои илмию машваратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳисоби олимон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқ таъсис дода, Низомнома ва ҳайати онро тасдиқ менамояд;
- бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати таҳририяи маҷаллаи "Нашрияи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро тасдиқ мекунад;
- пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат накардани тавзеҳоти дастурии Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд;
- дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ва ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328);
- ваколатҳои дигареро, ки Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амалӣ менамояд.
2. Маҷлиси Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати иштироки на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати он салоҳиятнок ҳисобида мешавад.
3. Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи овоздиҳии ошкоро бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзои Пленум, ки дар маҷлис иштирок доранд, қабул карда мешавад.
4. Барои таҳияи лоиҳаи қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дорои тавзеҳоти дастурӣ мебошад, Пленум дар мавриди зарурӣ аз ҳисоби аъзои худ ҳайати комиссияи таҳририро ташкил мекунад.
5. Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи қабул шуданаш эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
6. Дар маҷлиси Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода мешавад. Ба қарори Пленум ва протокол Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиби Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо мегузоранд.
Моддаи 26. Баррасии масъалаҳои фаъолияти судӣ аз тарафи Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Масъалаҳое, ки мувофиқи Қонуни конститутсиони мазкур аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳокимаи Пленум гузошта шудаанд, мутобиқан аз рӯйи маърӯзаҳои онҳо ё маърӯзаҳои шахсони аз ҷониби онҳо ваколатдоркардашуда шунида мешаванд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
2. Дар муҳокимаи масъалаҳои фаъолияти судӣ шахсони ба маҷлиси Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватшуда иштирок карда метавонанд.
Моддаи 27. Котиби Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Котиби Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мегардад.
2. Котиби Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари иҷрои вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори ташкилиро оид ба тайёр намудани маҷлиси Пленум ва тартибдиҳии протоколро таъмин намуда, амалҳои дигареро, ки барои таъмини иҷрои қарорҳои қабулкардаи Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошанд, анҷом медиҳад.
Моддаи 28. Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ба ҳайати Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум, муовинон ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.
2. Шумора ва ҳайати Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
3. Дар маҷлисҳои Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё яке аз муовинони вай иштирок менамоянд.
4. Дар маҷлисҳои Раёсат, ки ба баррасии парвандаҳои судӣ иртибот надоранд, бо даъвати Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон ва судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, аъзои Шӯрои илмию машваратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ иштирок карда метавонанд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 29. Салоҳияти Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба тариқи назоратӣ парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд, қонунӣ ва асоснокии санадҳои судиро месанҷад (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084);
- пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда баррасӣ менамояд;
- аризаи тарафҳо, прокурор, шахсони дигари иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани қарори қабулнамудаи Раёсат, ки дар асоси он ҳалномаи суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё ҳалномаи нав қабул шудааст, баррасӣ менамояд.
- аз рӯйи эътирозҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва шикоятҳои назоратӣ парвандаҳои ҷиноятиро, ки собиқ Суди Олии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва судҳои ҷумҳуриҳои иттифоқии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намудаанд, баррасӣ менамояд;
- маводи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ва омори судиро баррасӣ мекунад;
- масъалаҳои ташкили кори Раёсат, коллегияҳои судӣ ва дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ менамояд;
- ҳисоботи раисони коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳру ноҳия ва судяҳоро оид ба фаъолияташон мешунавад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328);
- гузориши раисони Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳияҳоро оид ба таҷрибаи татбиқи қонунҳо, қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешунавад;
- масъалаҳои расондани ёрии амалӣ ба судҳои ҷумҳуриро оид ба татбиқи дурусти қонунгузорӣ баррасӣ ва ҳал менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328);
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
2. Маҷлисҳои Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зарурӣ гузаронида шуда, дар сурати иштироки на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Раёсат салоҳиятнок ҳисобида мешаванд.
3. Қарорҳои Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овоздиҳии ошкоро бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Раёсат, ки дар маҷлис иштирок кардаанд, қабул карда, аз ҷониби Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо карда мешаванд.
4. Қарори Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи қабул шуданаш эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
Моддаи 30. Баррасии масъалаҳои умумии фаъолияти судӣ аз тарафи Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Масъалаҳое, ки ба баррасии парвандаҳои мушаххас иртибот надоранд, аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ ба Раёсат пешниҳод карда мешаванд.
2. Дар муҳокимаҳои ин масъалаҳо шахсони ба Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватшуда иштирок карда метавонанд.
Моддаи 31. Тартиби таъсиси коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳайати коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи судяҳои ҳамин суд тасдиқ мекунад.
Моддаи 32. Салоҳияти коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Коллегияи ҳарбӣ дар ҳайати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд ва нисбат ба судҳои ҳарбӣ бевосита марҳилаи болоии судӣ ба шумор меравад.
2. Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба сифати суди марҳилаи якум парвандаҳои ҷиноятӣ, маданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509, аз 13.11.2024 № 2084);
- парвандаҳоро ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ баррасӣ мекунад, қонунӣ ва асоснокии санадҳои судиро тафтиш менамояд;
- пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда баррасӣ менамояд;
- аризаи тарафҳо, прокурор, шахсони дигари иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамуда, инчунин қарори қабулнамудаи ӯ, ки дар асоси он ҳалномаи суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё ҳалномаи нав қабул шудааст, баррасӣ менамояд.
- таҷрибаи судиро ҷамъбаст, омори судиро таҳлил менамояд ва аз натиҷаи онҳо ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамояд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 33. Салоҳияти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои мадании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084).
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои мадании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084):
- ба сифати суди марҳилаи якум парвандаҳои маданиро баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509, аз 13.11.2024 № 2084);
- ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ парвандаҳои маданиро баррасӣ менамояд, қонунӣ ва асоснокии санадҳои судиро тафтиш мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084);
- аризаи тарафҳо, прокурор, шахсони дигари иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамудае, ки коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маданӣ дар марҳилаи якум баровардааст, инчунин қарорҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ё назоратиро, ки мутобиқи онҳо ҳалномаи суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё қарори нав қабул гардидааст, баррасӣ мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084);
- таҷрибаи судиро ҷамъбаст, омори судиро таҳлил мекунад ва аз натиҷаи онҳо ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамояд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 34. Салоҳияти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба сифати суди марҳилаи якум парвандаҳои оилавиро баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ парвандаҳои оилавиро баррасӣ менамояд, қонунӣ ва асоснокии санадҳои судиро тафтиш мекунад;
- аризаи тарафҳо, прокурор, шахсони дигари иштирокчии парвандаро вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамудае, ки коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ дар марҳилаи якум баровардааст, инчунин қарорҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ё назоратиро, ки мутобиқи онҳо ҳалномаи суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё қарори нав қабул гардидааст, баррасӣ мекунад;
- таҷрибаи судиро ҷамъбаст, омори судиро таҳлил мекунад ва аз натиҷаи онҳо ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамояд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 35. Салоҳияти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба сифати суди марҳилаи якум парвандаҳои ҷиноятиро баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ парвандаҳои ҷиноятиро баррасӣ менамояд, қонунӣ ва асоснокии санадҳои судиро тафтиш мекунад;
- пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда баррасӣ менамояд;
- таҷрибаи судиро ҷамъбаст, омори судиро таҳлил менамояд ва аз натиҷаи онҳо ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамояд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 36. Салоҳияти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба сифати суди марҳилаи якум парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ менамояд;
- пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз рӯйи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда баррасӣ менамояд;
- таҷрибаи судиро ҷамъбаст, омори судиро таҳлил мекунад ва аз натиҷаи он ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамояд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 37. Салоҳияти Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- фаъолияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳияро ташкил ва роҳбарӣ менамояд;
- Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳо бо мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои дигар ва шахсони мансабдор намояндагӣ мекунад;
- вазифаҳоро дар байни муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим мекунад;
- тартиби тақсими парвандаҳоро дар байни судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия тасдиқ менамояд ва масъалаи аз як суд ба суди дигар супоридани парвандаҳои судиро ҳал менамояд;
- дар мавридҳои зарурӣ, бо амри худ барои баррасӣ намудани парвандаҳо судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як коллегияи судӣ ба коллегияи дигари судӣ ҷалб менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 20.04.2021 № 1772);
- шакл ва тартиби пешниҳоди ахборотро дар бораи фаъолияти солонаи ҳар як судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин судяҳои судҳои поёнӣ, муқаррар мекунад;
- ҷадвали воҳидҳои кории Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурамал оид ба коргузорӣ, низомномаҳои дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории он, дастурамали мансабии кормандони раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои дигари Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад, вазифаҳоро байни онҳо тақсим мекунад, роҳбарии умумии фаъолияти дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд, кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коромӯз-судя,сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар, приставҳо, мушовирон ва ёрдамчиёни раисони судҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои шаҳру ноҳия, судҳои ҳарбиро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 20.04.2021 № 1772, аз 23.12.2021 № 1807);
- дар доираи маблағҳои ҷудошуда ва шумораи воҳидҳои кории тасдиқшуда сохтори дастгоҳи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия сметаи хароҷот ва рӯйхати воҳидҳои кории судҳои поёниро тасдиқ менамояд;
- барои тасдиқ намудан ба Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии котиби Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумора ва ҳайати Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон ва ҳайати коллегияҳои судӣ, ҳайати Шӯрои илмию машваратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи он, инчунин ҳайати таҳририяи маҷаллаи "Нашрияи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешниҳод ирсол менамояд;
- барои тасдиқи шумора ва ҳайати Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе ба Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд;
- Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват менамояд, рӯзномаи маҷлисҳои Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тартиб медиҳад ва дар маҷлисҳои онҳо раисӣ мекунад, дар бораи фаъолияти Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот медиҳад, иҷрои тавзеҳоти дастурии Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро назорат мекунад;
- корро оид ба ҷамъбасти таҷрибаи судӣ барои пешниҳод намудани натиҷаи он ба баррасии Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунад;
- дар якҷоягӣ бо Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси комиссияи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз-судя, тасдиқи ҳайат ва Низомномаи он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд;
- ба Коллегияи тахассусии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани санҷиши тахассусии муовинони раис, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия ҷиҳати манзур намудани хулоса оид ба муносиб будан барои ба вазифа интихоб ва таъин, аз вазифа бозхонд ва озод кардан, инчунин додани дараҷаҳои тахассусӣ ба онҳо пешниҳод ирсол менамояд;
- нисбати судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия бо асосҳои дар Қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда парвандаи интизомӣ оғоз менамояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад нисбати ҳамаи санадҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳои поёнӣ, агар ҳангоми қабули онҳо ба вайронкунии ҷиддии меъёрҳои ҳуқуқҳои моддӣ ва мурофиавӣ роҳ дода шуда бошанд, эътироз орад;
- аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятие, ки онҳоро собиқ Суди Олии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва собиқ судҳои ҷумҳуриҳои иттифоқии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ кардаанд, ба тариқи назоратӣ эътироз пешниҳод менамояд;
- дар маҷлисҳои коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо раисӣ карда метавонад;
- дар хусуси ирсоли парвандаи гражданӣ ё оилавӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди марҳилаи назоратӣ таъинот қабул менамояд;
- қарори судя дар бораи беқаноат монондани эътироз ё шикояти назоратиро аз рӯии парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бекор намуда, оид ба оғоз намудани пешбурди назоратӣ ва ба баррасии марҳилаи назоратии судӣ додани эътироз ё шикояти назоратӣ қарор қабул менамояд;
- доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда ба суди марҳилаи назоратӣ пешниҳод ирсол менамояд;
- аз натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ба мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор дар бораи бартараф кардани вайронкуниҳои қонун, сабабу шароитҳое, ки боиси ҳуқуқвайронкуни гардидаанд, пешниҳод ирсол менамояд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани пешниҳод дар бораи ба вазифа интихоб ва аз вазифа бозхонд намудани муовини якум, муовинони раис ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани раисон, муовинони якум, муовинони раис ва судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия пешниҳод ирсол менамояд;
- оид ба таъсиси судҳо, ба истиснои судҳои иқтисодӣ, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳод намудан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф ирсол мекунад;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси шумораи судяҳои Суди Олӣ, судяҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбӣ, шаҳр ва ноҳия, машваратчиёни халқии судҳо, сохтор ва шумораи воҳидҳои кории дастгоҳҳои судҳо, ба истиснои судҳои иқтисодӣ, пешниҳод ирсол менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 20.04.2021 № 1772);
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои шаҳр ва ноҳия, додани дараҷаҳои тахассусӣ, инчунин дар якҷоягӣ бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба судяҳои коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон додани рутбаҳои олии харбӣ пешниҳод ирсол мекунад;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муайян кардани сохтор ва шумораи воҳидҳои кории Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд;
- ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси додани рутбаҳои ҳарбӣ ба судяҳо ва хизматчиёни ҳарбии коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо ва хизматчиёни ҳарбии судҳои ҳарбии гарнизонҳо пешниҳод ирсол менамояд;
- масъалаҳоро оид ба таъминоти кадрӣ, молиявӣ, ташкилӣ ва моддию техникии судҳои поёнӣ баррасӣ мекунад;
- нисбат ба кормандони дастгоҳҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коромӯз-судяҳо ҷазои интизомӣ татбиқ менамояд;
- Низомномаи Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуда, кормандони онро, ба истиснои Директори Марказ, ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;
- дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ва ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд;
- ҷиҳати тақвияти муқовимат ба коррупсия ва риояи талаботи Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад;
- корро оид ба баланд бардоштани дараҷаи тахассусии судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштани таҷрибаомӯзии судяҳои судҳои поёнӣ дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунад, инчунин судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳои поёниро ҳавасманд мегардонад ва онҳоро барои сарфароз намудан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ менамояд;
- оид ба баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо меандешад, дар бораи ҳавасмандгардонӣ ё ба ҷазои интизомӣ кашидани кормандони дастгоҳ фармоиш қабул менамояд, кормандони дастгоҳро тибқи тартиби муқарраргардида барои сарфароз намудан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад, дар доираи салоҳияти худ ба кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳо ва рутбаҳои тахассусии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 20.04.2021 № 1772);
- шахсони воқеӣ ва намояндагони шахси ҳуқуқиро шахсан қабул ва корро оид ба баррасии муроҷиатҳо ташкил менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084);
- оид ба нигоҳдории молу мулки давлатӣ, ки ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодабарӣ дода шудааст, чораҳо меандешад;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, амалӣ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
2. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ амр ва фармоиш мебарорад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
3. Дар мавриди набудани Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои ӯро муовини якум ва дар вақти набудани муовини якум яке аз муовинони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
Моддаи 38. Салоҳияти муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- тибқи тартиби муқарраргардида парвандаҳоеро, ки дар марҳилаи якуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд, дар байни судяҳо тақсим менамоянд;
- парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- оид ба парванда ҳайати коллегияи кассатсионӣ ва назоратӣ, инчунин судяи маърӯзакунандаро таъин менамоянд;
- дар маҷлисҳои коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо раисӣ мекунанд;
- шикоят ва эътирозҳои назоратиро баррасӣ менамоянд;
- ҳуқуқ доранд қарори судя дар бораи беқаноат монондани эътироз ё шикояти назоратиро аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бекор намуда, оид ба оғоз намудани пешбурди назоратӣ ва ба баррасии марҳилаи назоратии судӣ додани эътироз ё шикояти назоратӣ қарор қабул намоянд;
- мувофиқи тақсимоти вазифаҳо ба кори Раёсат, воҳидҳои сохтории дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунанд;
- кори такмили ихтисоси судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаомӯзии судяҳои судҳои дигарро ташкил менамоянд;
- парвандаҳоро барои омӯзиш талаб менамоянд ва барои гузаронидани ҷамъбасти таҷрибаи судӣ чораҳо меандешанд, аз натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамоянд;
- масъалаи аз як суд ба суди дигар супоридани парвандаҳои судиро ҳал менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 20.04.2021 № 1772);
- шаҳрвандонро шахсан қабул мекунанд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, амалӣ менамоянд.
Моддаи 39. Салоҳияти раиси коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Раиси коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи вазифааш муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2. Раиси коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба фаъолияти коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд, ҳайатҳои судиро дар марҳилаҳои кассатсионӣ, назоратӣ муайян ва судяи маърӯзакунандаро таъин мекунад;
- дар суди марҳилаи якум парвандаҳоро баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- дар маҷлисҳои коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо раисӣ мекунад;
- ба Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷиикистон дар бораи фаъолияти коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд;
- иҷрои қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро назорат мекунад;
- шикоят ва эътирозҳои назоратиро баррасӣ менамояд;
- парвандаҳои судиро барои омӯзиш талаб мекунад ва барои гузаронидани ҷамъбасти таҷрибаи судӣ чораҳо меандешад, аз натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 20.04.2021 № 1772);
хориҷ карда шуд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328)
хориҷ карда шуд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328)
- масъалаи аз як суд ба суди дигар супоридани парвандаҳои судиро ҳал менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 20.04.2021 № 1772);
- оид ба нигоҳдории молу мулки давлатӣ, ки ба коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодабарӣ дода шудааст, чораҳо меандешад;
- шахсони воқеӣ ва намояндагони шахси ҳуқуқиро шахсан қабул мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084);
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
3. Дар мавриди набудани раиси коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои ӯро муовини раиси коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Моддаи 40. Салоҳияти муовини раиси коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини раиси коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- метавонад дар марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ раисӣ намояд;
- шикоят ва эътирозҳои назоратиро баррасӣ менамояд;
- оид ба маводи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ, ки барои баррасӣ ба Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, маърӯза менамояд;
- шахсони воқеӣ ва намояндагони шахси ҳуқуқиро шахсан қабул менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084);
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 41. Салоҳияти раисони коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раисони коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- кори коллегияҳои судиро ташкил карда, ҳайати суд, ҷой ва вақти дар маҷлиси суд баррасӣ кардани парвандаро муайян мекунанд;
- дар маҷлисҳои коллегияҳои судӣ ҳангоми баррасии парвандаҳо раисӣ мекунанд;
- ба Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти коллегияҳои судӣ ҳисобот медиҳанд;
- иҷрои қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро назорат менамоянд;
- парвандаҳои судиро барои омӯзиш талаб мекунанд ва барои гузаронидани ҷамъбасти таҷрибаи судӣ чораҳо меандешанд;
- шахсони воқеӣ ва намояндагони шахси ҳуқуқиро шахсан қабул менамоянд (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084);
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, амалӣ менамоянд.
Моддаи 42. Салоҳияти судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- парвандаҳоро дар марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- дар маҷлисҳои коллегияҳои судӣ иштирок мекунад;
- эътироз ва шикоятҳои назоратиро баррасӣ менамояд;
- оид ба маводи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ, ки барои баррасӣ ба Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, маърӯза менамояд;
- супориши Раис, муовини якум, муовинон ва раисони коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои дигарро дар доираи салоҳияташ иҷро мекунад;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
2. Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ҳуқуқ дорад ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 43. Шӯрои илмию машваратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Дар назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми машваратӣ Шӯрои илмию машваратӣ аз ҷумлаи олимон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқ таъсис дода мешавад, ки он дар асоси ҷамъиятӣ амал менамояд. Вазифаи он аз таҳияи тавсияҳои илман асоснок вобаста ба татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҷрибаи судӣ иборат мебошад.
2. Ҳайати Шӯрои илмию машваратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи он аз тарафи Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
БОБИ 4. СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 44. Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии судӣ оид ба ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ ва парвандаҳои дигаре, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ алоқаманданд, инчунин парвандаҳои дигари аз ҷониби судҳои иқтисодӣ баррасигардида ба ҳисоб рафта, назорати судиро аз болои фаъолияти Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе оид ба парвандаҳои иқтисодии дар тобеияти онҳобуда амалӣ намуда, барои ташкили кори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, таъминоти моддию техникии онҳо, хоста гирифтан ва тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судя, такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, пешниҳод барои ба вазифа интихоб ва таъин намудан, аз вазифа бозхонд ва озод кардани судяҳо, ташкили имтиҳоноти тахассусӣ ва иҷрои ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 45. Салоҳияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар доираи салоҳияти худ парвандаҳоро дар марҳилаи якум, ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ баррасӣ менамояд;
- аризаи шахсони иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокардаи қабулнамудаи ӯ, инчунин санадҳои судҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ё назоратӣ, ки дар асоси онҳо санади судии суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё санади судии нав қабул шудааст, баррасӣ менамояд;
- дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ва ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328);
- таҷрибаи аз тарафи судҳои иқтисодӣ татбиқ намудани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки муносибатҳоро дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ танзим менамоянд, ҷамъбаст мекунад, оид ба масъалаҳои таҷрибаи судӣ тавзеҳоти дастурӣ медиҳад;
- оид ба такмили қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор таклифҳо таҳия ва пешниҳод менамояд;
- омори судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо таҳлил менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328);
- дар доираи салоҳияти худ масъалаҳоеро, ки аз шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҳал менамояд;
- оид ба такмили низоми судӣ-ҳуқуқӣ ва мусоидат намудан ба таҳкими мустақилияти судҳо таклифҳо пешниҳод менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328);
- масъалаҳоро оид ба таъминоти кадрӣ, молиявӣ, ташкилӣ ва моддию техникии судҳои иқтисодӣ баррасӣ мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328);
- ваколатҳои дигареро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, амалӣ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 46. Ҳайати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Раис, муовини якум, муовинони Раис ва судяҳо, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешаванд, иборат мебошад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
2. Шумораи судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
3. Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати зерин фаъолият менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328):
- Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Точдаистон;
- Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
хориҷ карда шуд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
4. Дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастҷамъона баррасӣ намудани парвандаҳо дар марҳилаи якум аз ҷумлаи судяҳои он ҳайатҳои судӣ ташкил карда мешаванд. Ҳайатҳои судӣ ва судяи дар онҳо раисикунандаро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 47. Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум, муовинони ӯ, котиби Пленум ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
2. Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зарурӣ, вале на камтар аз ду маротиба дар як сол аз тарафи Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешавад.
3. Маълумот дар бораи рӯзи даъвати Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавод ва лоиҳаҳои қарорҳо аз рӯйи масъалаи муҳокимашаванда ба аъзои Пленум ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз чордаҳ шабонарӯз то маҷлиси Пленум фиристонида мешаванд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
4. Дар маҷлиси Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд.
5. Дар маҷлиси Пленум бо даъвати Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раисони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, аъзои Шӯрои илмию машваратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони дахлдор ва дигар шахсон иштирок карда метавонанд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 48. Салоҳияти Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумора ва ҳайати Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;
- бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон раис ва ҳайати коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;
- бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон котиби Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб менамояд;
- ҳисоботро оид ба кори Раёсат, коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе мешунавад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328);
хориҷ карда шуд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
- аз натиҷаи ҷамъбасти амалияи судӣ бо мақсади ҷорӣ намудани таҷрибаи якхела ва татбиқи дурусти қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳоти дастурӣ медиҳад ва онҳо барои суд, судяҳо, мақомоту шахсони мансабдоре, ки қонуни тавзеҳшударо татбиқ менамоянд, ҳатмӣ мебошанд;
- пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба судҳо додани тавзеҳоти дастурӣ оид ба масъалаҳои амалияи судӣ аз рӯи парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ менамояд;
- гузоришҳои раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо дар бораи таҷрибаи татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар бораи иҷрои тавзеҳоти дастурии Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешунавад;
- бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои илмию машваратии Суди Олии иқтисодиро аз ҳисоби олимон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқ таъсис дода, Низомнома ва ҳайати онро тасдиқ мекунад;
- бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати таҳририяи маҷаллаи "Ахбори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро тасдиқ мекунад;
- пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат накардани тавзеҳоти дастурии Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд;
- дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ва ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328);
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, амалӣ менамояд.
2. Маҷлиси Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати иштироки на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати он салоҳиятнок ҳисобида мешавад.
3. Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи овоздиҳии ошкоро бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзои Пленум, ки дар маҷлис иштирок доранд, қабул карда мешавад.
4. Барои таҳияи лоиҳаи қарори Пленум, ки он дорои тавзеҳоти дастурӣ мебошад, Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди зарурӣ аз ҳисоби аъзои Пленум ҳайати комиссияи таҳрирӣ ташкил мекунад.
5. Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи қабул шуданаш эътибори қонунӣ пайдо мекунад ва бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад.
6. Дар маҷлиси Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода мешавад. Ба қарори Пленум ва протокол Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиби Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо мегузоранд.
Моддаи 49. Котиби Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Котиби Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешавад.
2. Котиби Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари иҷрои вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори ташкилиро оид ба тайёр намудани маҷлиси Пленум ва тартибдиҳии протоколро таъмин намуда, амалҳои дигареро, ки барои иҷрои қарорҳои қабулкардаи Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошанд, анҷом медиҳад.
Моддаи 50. Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
2. Шумора ва ҳайати Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
3. Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ ба ҳайати Раёсат аз рӯи вазифаашон дохил мешаванд.
4. Дар маҷлиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё яке аз муовинони ӯ иштирок менамоянд.
5. Дар маҷлисҳои Раёсат, ки ба баррасии парвандаҳои судӣ иртибот надоранд, бо даъвати Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, аъзои Шӯрои илмию машваратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ иштирок карда метавонанд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 51. Салоҳияти Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба тариқи назоратӣ парвандаҳои иқтисодиро баррасӣ менамояд, қонунӣ ва асоснокии санадҳои судиро месанҷад;
- аризаи шахсони иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани санади судии қабулнамудаи ӯ, ки дар асоси он санади суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё ҳалномаи нав қабул шудааст, баррасӣ менамояд;
- маводи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ва омори судиро баррасӣ мекунад;
- масъалаҳои ташкили фаъолияти Раёсат, коллегияи судӣ ва дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ менамояд;
- ҳисоботи раиси коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо оид ба фаъолияташон мешунавад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328);
- гузориши раиси Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо оид ба таҷрибаи татбиқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешунавад;
- масъалаҳои расондани ёрии амалӣ ба судҳои иқтисодии ҷумҳуриро оид ба татбиқи дурусти қонунгузорӣ, инчунин санҷиши фаъолияти ин судҳоро баррасӣ ва ҳал менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328);
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
2. Маҷлисҳои Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зарурӣ гузаронида шуда, дар сурати иштироки на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Раёсат салоҳиятнок ҳисобида мешаванд.
3. Қарори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи овоздиҳии ошкоро бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои дар маҷлиси Раёсат иштирокдошта қабул мегардад ва ба он Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо мегузорад.
4. Қарори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи эълон карда шуданаш эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
Моддаи 52. Коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии аз ҳисоби судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Шумора ва ҳайати коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
2. Ба коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муовинони Раиси Суди Олии иқтисодӣ раисӣ мекунад. Дар вақти набудани ӯ, ба коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини дигар ё яке аз судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисӣ мекунад.
3. Коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба тариқи кассатсионӣ парвандаҳои иқтисодиро баррасӣ менамояд, қонунӣ ва асоснокии санадҳои судиро санҷида мебарояд;
- ба тариқи назоратӣ парвандаҳои иқтисодиро баррасӣ менамояд, агар ин парвандаҳо дар ҳамин коллегияи судӣ ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ нагардида бошанд;
- аризаи шахсони иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани санадҳои судии судҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ё назоратӣ, ки дар асоси онҳо санади судии суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё санади судии нав қабул шудааст, баррасӣ менамояд;
- таҷрибаи судиро ҷамъбаст намуда, аз натиҷаи он ба мақомоти дахлдор пешниҳодҳо ирсол менамояд;
- омори судиро таҳлил мекунад;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
4. Парвандаҳои иқтисодӣ дар маҷлисҳои коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартибе, ки Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, баррасӣ карда мешаванд.
Моддаи 53. Салоҳияти Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328)
1. Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- фаъолияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо ташкил ва роҳбарӣ менамояд;
- Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳо бо мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои дигар ва шахсони мансабдор намояндагӣ мекунад;
- вазифаҳоро дар байни муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим мекунад;
- тартиби тақсими парвандаҳоро дар байни судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяҳои судҳои иқтисодӣ тасдиқ менамояд ва масъалаи аз як суди иқтисодӣ ба суди иқтисодии дигар супоридани парвандаҳои судиро ҳал менамояд;
- шакл ва тартиби пешниҳоди ахборотро дар бораи фаъолияти солонаи хар як судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо муқаррар мекунад;
- ҷадвали воҳидҳои кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, дастурамал оид ба коргузорӣ, низомномаҳои дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории он, дастурамали мансабии кормандони раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои дигари Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад, роҳбарии умумии фаъолияти Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд, кормандони Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коромӯзсудя, сардорони шӯъбаҳои судҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо ба кор қабул ва аз кор озод менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.12.2021 № 1807);
- дар доираи маблағҳои ҷудошуда сметаи хароҷот ва рӯйхати воҳидҳои кории судҳои иқтисодиро тасдиқ менамояд;
- барои тасдиқ намудан ба Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии котиби Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумора ва ҳайати Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон ва ҳайати коллегияҳои судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати Шӯрои илмию машваратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи он, инчунин ҳайати таҳририяи маҷаллаи "Ахбори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро пешниҳод менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.12.2021 № 1807);
- Пленум ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват менамояд, рӯзномаи маҷлисҳои Пленум ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тартиб медиҳад ва дар маҷлисҳои онҳо раисӣ мекунад, дар бораи фаъолияти Пленум ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот медиҳад, иҷрои тавзеҳоти дастурии Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро назорат мекунад;
- корро оид ба ҷамъбасти таҷрибаи судӣ барои пешниҳод намудани натиҷаи он ба баррасии Пленум ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунад;
- ба Коллегияи тахассусии судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани санҷиши тахассусии судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ҷиҳати додани хулоса оид ба муносиб будан ё набудан барои ба вазифа интихоб ва таъин шудан, аз вазифа бозхонд ва озод намудан, инчунин додани дараҷаи тахассусӣ ба онҳо пешниҳод ирсол менамояд;
- нисбати судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, муовинони онҳо ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе бо асосҳои дар Қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда парвандаи интизомӣ оғоз менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати санадҳои судии қабулнамудаи судҳои иқтисодӣ, инчунин коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар ҳангоми қабули онҳо ба вайронкунии ҷиддии меъёрҳои ҳуқуқҳои моддӣ ва мурофиавӣ роҳ дода шуда бошанд, ба коллегияи судӣ ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироз ирсол менамояд;
- дар маҷлисҳои коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо раисӣ карда метавонад;
- барои дар марҳилаи якум дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дастҷамъӣ баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ ҳайати судӣ ва судяи дар маҷлиси судӣ раисикунандаро муайян мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- аз натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ба мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор дар бораи бартараф кардани қонунвайронкуниҳо пешниҳод ирсол менамояд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани пешниҳод дар бораи ба вазифа интихоб ва аз вазифа бозхонд намудани муовини якум, муовинони раис ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе пешниҳод ирсол менамояд;
- оид ба таъсиси судҳои иқтисодӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳод намудан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф ирсол мекунад;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шумораи судяҳои судҳои иқтисодӣ, сохтор ва шумораи кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ пешниҳод ирсол менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.12.2021 № 1807);
- дар якҷоягӣ бо Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси комиссияи имтиҳонотӣ барои номзадхо ба вазифаи судя ва коромӯз-судя, тасдиқи ҳайат ва Низомномаи он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамоянд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба муовини якум, муовинони раис ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раис, муовин ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе додани дараҷаҳои тахассусӣ пешниҳод ирсол менамояд;
- масъалаҳоро оид ба таъминоти кадрӣ, молиявӣ, ташкилӣ ва моддию техникии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мекунад;
- нисбат ба кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ҷазои интизомӣ татбиқ менамояд;
- муовини якум, муовинони раис ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо ҳавасманд мегардонад ва онҳоро барои сарфароз намудан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ менамояд;
- дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ва ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд;
- ҷиҳати тақвияти муқовимат ба коррупсия ва риояи талаботи Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад;
- корро оид ба баланд бардоштани дараҷаи тахассусии судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, инчунин гузаштани таҷрибаомӯзии судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунад;
- корро оид ба баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ташкил мекунад, дар бораи ҳавасмандкунӣ ё ба ҷазои интизомӣ кашидани кормандони дастгоҳ фармоиш қабул менамояд, кормандони дастгоҳро тибқи тартиби муқарраргардида барои сарфароз намудан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад,дар доираи салоҳияти худ ба кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе рутбаҳо ва рутбаҳои тахассусии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 20.04.2021 № 1772);
- хориҷ карда шуд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.12.2021 № 1807);
- шахсони воқеӣ ва намояндагони шахси ҳуқуқиро шахсан қабул мекунад ва корро оид ба баррасии муроҷиатҳо ташкил менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084);
- оид ба нигоҳдории молу мулки давлатӣ, ки барои истифодабарӣ ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, чораҳо меандешад;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистоп пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
2. Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташ фармоиш ва амрҳо мебарорад.
3. Дар мавриди набудани Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои ӯро муовини якум ва дар вақти набудани муовини якум яке аз муовинони Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 54. Салоҳияти муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини якум, муовинони Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- парвандаҳои иқтисодиро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- дар маҷлисҳои коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо метавонанд раисӣ намоянд;
- мувофиқи тақсимоти вазифаҳо ба фаъолияти воҳидҳои сохтории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунанд;
- кори такмили ихтисоси судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаомӯзии судяҳои дигар судҳои иқтисодиро ташкил менамоянд;
- парвандаҳоро барои омӯзиш талаб менамоянд ва барои гузаронидани ҷамъбасти таҷрибаи судӣ чораҳо меандешанд, аз натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳодҳо ирсол менамоянд;
- шахсони воқеӣ ва намояндагони шахси ҳуқуқиро шахсан қабул мекунанд (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084);
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.
Моддаи 55. Салоҳияти раиси коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- кори коллегияи судиро ташкил намуда, ҳайати суд, ҷой ва вақти дар маҷлиси суд баррасӣ кардани парвандаро муайян мекунад;
- дар маҷлисҳои коллегияи судӣ ҳангоми баррасии парвандаҳо раисӣ менамояд;
- ба Пленум ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти коллегияи судӣ ҳисобот медиҳад;
- иҷрои қарорҳои дастурии Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро назорат менамояд;
- парвандаҳои судиро барои омӯзиш талаб менамояд ва барои гузаронидани ҷамъбасти таҷрибаи судӣ чораҳо меандешад;
- шахсони воқеӣ ва намояндагони шахси ҳуқуқиро шахсан қабул менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084);
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 56. Салоҳияти судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- дар маҷлиси судии марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ иштирок мекунад;
- эътироз ва шикояти назоратиро баррасӣ менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- оид ба ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ба Пленум ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза менамояд;
- бо супориши Раис, муовини якум, муовинон ва раиси коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои дигарро дар доираи салоҳияташ иҷро мекунад;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
2. Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ҳуқуқ дорад ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 57. Шӯрои илмию машваратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Дар назди Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми машваратӣ - Шӯрои илмию машваратӣ аз ҷумлаи олимон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқ таъсис дода мешавад, ки он дар асоси ҷамъиятӣ амал менамояд. Вазифаи он аз таҳияи тавсияҳои илман асоснок вобаста ба татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҷрибаи судӣ иборат мебошад.
2. Ҳайати Шӯрои илмию машваратӣ ва Низомнома дар бораи он аз тарафи Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
БОБИ 5. СУДҲОИ ҲАРБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 58. Судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми қисмҳои ҳарбӣ адолати судиро амалӣ менамоянд.
2. Судҳои ҳарбӣ аз рӯи принсипи ҳудудӣ дар маҳалли воқеъшавии гарнизонҳо таъсис дода мешаванд.
3. Фаъолияти судҳои ҳарбӣ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандоне, ки аз ҷамъомади ҳарбӣ мегузаранд ва дигар шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қисмҳои ҳарбӣ, корхонаю муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои ҳарбӣ, мустаҳкам кардани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар қисмҳои ҳарбӣ нигаронида шудааст.
4. Ба низоми судҳои ҳарбӣ коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳои ҳарбии гарнизонҳо дохил мешаванд.
Моддаи 59. Баррасии парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби судҳои ҳарбӣ
Ба судҳои ҳарбӣ парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ, ки дар онҳо яке аз тарафҳо хизматчиёни ҳарбӣ мебошанд, инчунин парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати хизматчиёни ҳарбӣ тобеияти судӣ доранд.
Моддаи 60. Баррасии парвандаҳо оид ба шикояти амалу қарорҳои мақомоти идоракунии ҳарбӣ ва мансабдорони ҳарбӣ
1. Судҳои ҳарбӣ парвандаҳоро оид ба шикояти хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандоне, ки аз ҷамъомади ҳарбӣ мегузаранд, дар бораи амалу қарорҳои мақомоти идоракунии ҳарбӣ, ки ҳуқуқу озодиҳои онҳоро халалдор мекунанд, баррасӣ менамоянд.
2. Ба салоҳияти судҳои ҳарбӣ баррасии шикоятҳои хизматчиёни ҳарбӣ, ки ба ҳифзи ҳуқуқи шахсии онҳо алоқамандӣ доранд ва ин ҳуқуқҳо аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ", оинномаҳои ҳарбӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тобеият доранд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
3. Судҳои ҳарбӣ шикоятҳои шаҳрвандонро, ки аз хизмати ҳарбӣ ҷавоб шудаанд, нисбат ба амалу қарорҳои мақомоти идоракунии ҳарбӣ ва шахсони мансабдори ҳарбӣ, ки ҳуқуқу озодиҳои онҳоро халалдор кардаанд ва нисбати шаҳрвандони мазкур дар давраи адои хизмати ҳарбӣ содир шудаанд, баррасӣ менамоянд.
Моддаи 61. Суди ҳарбии гарнизон
1. Суди ҳарбии гарнизон дар ҳудуде, ки як ё якчанд гарнизони ҳарбӣ воқеъ гардидааст, ташкил карда мешавад.
2. Суди ҳарбии гарнизон аз раис, муовини раис, судяҳо ва машваратчиёни халқӣ иборат аст. Вазифаи муовини раис дар судҳои ҳарбие, ки аз панҷ ва зиёда аз он судяҳо иборат аст, муқаррар карда мешавад.
3. Шумораи судяҳоро барои ҳар як суди ҳарбии гарнизон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 62. Салоҳияти суди ҳарбии гарнизон
1. Суди ҳарбии гарнизон ҳамчун суди марҳилаи якум парвандаҳои зеринро баррасӣ менамояд:
- парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронунии маъмаоӣ ба истиснои парвандаҳое, ки ба суди болоӣ тобеияти судӣ доранд (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084);
- парвандаҳоро аз рӯйи шикоят ба амалу қарорҳои мақомоти идоракунии ҳарбӣ ва шахсони мансабдори ҳарбӣ;
- дар асоси аризаи тарафҳо, прокурор, дигар шахсони иштирокчии парванда бинобар ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои ҳарбӣ.
2. Суди ҳарбии гарнизон ҳамчунин масъалаҳоеро, ки ҳангоми иҷрои санадҳои судӣ ба миён меоянд, баррасӣ менамояд.
3. Суди ҳарбии гарнизон дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ҳуқуқ дорад ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 63. Салоҳияти раиси суди ҳарбии гарнизон
1. Раиси суди ҳарбии гарнизон:
- ба кори суди ҳарбии гарнизон роҳбарӣ мекунад ва нақшаи кории судро тасдиқ мекунад;
- тибқи тартиби муқарраргардида парвандаҳоро байни судяҳо тақсим менамояд;
- парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- ташкили корро бо машваратчиёни халқӣ муайян мекунад;
- кори такмили ихтисоси кормандони дастгоҳи суд ва машваратчиёни халқиро ба роҳ мемонад;
- кори ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ ва қонунро ташкил намуда, ин фаъолиятро бо ҳайати фармондеҳӣ ва прокуратураи ҳарбӣ мутобиқ месозад;
- хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии ғайринизомӣ ва хизматчиёни граждании (ҳайати техникӣ ва хизматрасони) суди ҳарбиро, ба истиснои сардори шӯъба, мушовир, пристави судӣ ва ёрдамчии раиси суд ба кор қабул ва аз кор озод менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 20.04.2021 № 1772);
- ҷиҳати тақвияти муқовимат ба коррупсия ва риояи меъёрҳои Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад;
- оид ба нигоҳдории молу мулки давлатӣ, ки ба суд барои истифодабарӣ дода шудааст, чораҳо меандешад;
- корро оид ба баррасии арзу шикоятҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва қабули шаҳрвандон ташкил менамояд, шахсан хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шахсони воқеӣ ва намояндагони шахси ҳуқуқиро қабул мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084);
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
2. Раиси суди ҳарбии гарнизон дар доираи салоҳияташ фармоишҳо мебарорад.
3. Дар вақти набудани раиси суди ҳарбии гарнизон вазифаи ӯро муовини раиси суди ҳарбии гарнизон иҷро менамояд.
Моддаи 64. Салоҳияти муовини раиси суди ҳарбии гарнизон
Муовини раиси суди ҳарбии гарнизон:
- парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- мутобиқи тақсими вазифаҳо ба кори воҳидҳои сохтории дастгоҳи суди ҳарбии гарнизон роҳбарӣ менамояд;
- хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони воқеӣ ва намояндагони шахси ҳуқуқиро шахсан қабул менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084);
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 65. Салоҳияти судяи суди ҳарбии гарнизон
1. Судяи суди ҳарбии гарнизон:
- парвандаҳоро дар марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- бо супориши раис ва муовини раиси суди ҳарбии гарнизон вазифаҳои дигарро дар доираи салоҳияташ иҷро мекунад;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
2. Судяи суди ҳарбии гарнизон дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ҳуқуқ дорад ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 66. Пуррасозии судҳои ҳарбӣ
1. Хизматчиёни ҳарбии коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳои ҳарбии гарнизонҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адо менамоянд.
2. Шумораи воҳидҳои кории хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати шаҳрвандии коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳои ҳарбии гарнизонҳо аз ҳисоби Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшуну қисмҳои ҳарбӣ ҷудо карда мешавад.
3. Шумораи воҳидҳои кории вазифаҳои судяҳои ҳарбӣ ва рутбаҳои ҳарбии ба ин вазифаҳо мутобиқро барои судҳои ҳарбии гарнизонҳо бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
4. хориҷ карда шуд  (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328)
5. хориҷ карда шуд  (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328
Моддаи 67. Дастгоҳи судҳои ҳарбӣ
1. Дастгоҳи судҳои ҳарбӣ фаъолияти судҳои ҳарбиро вобаста ба амалӣ намудани адолати судӣ ва дигар вазифаҳои судӣ таъмин мекунад.
2. Дар ҳайати дастгоҳи суди ҳарбӣ аз рӯи воҳиди корӣ вазифаи мудири бахши коргузорӣ, пристави судӣ, котиби суди ҳарбӣ ва котибони маҷлисҳои суд ба миқдоре, ки мутобиқи шумораи судяҳо бошад, пешбинӣ мешавад. Дар назди судҳои ҳарбӣ тарҷумонҳо фаъолият менамоянд.(Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328, аз 20.04.2021 № 1772).
3. Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудан, ҷойивазкунии хизматчиёни ҳарбии коллегияи ҳарбиро раиси коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
4. Хизматчиёни ҳарбии дастгоҳи коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбии гарнизонҳо бо тамоми намудҳои пардохти пулӣ, молӣ ва дигар таъминот, таъминоти иҷтимоӣ-маишӣ, тиббӣ, санаторию курортӣ, манзилӣ, нафақавӣ ва ғайра мувофиқи меъёр ва андозае, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, таъмин карда мешаванд. Ба онҳо ва аъзои оилаашон ҳуқуқу имтиёзҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаҳои онҳо муқаррар кардааст, нигоҳ дошта мешаванд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
5. Маоши хизматии хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати шаҳрвандии дастгоҳи коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари маоши хизматии барои чунин вазифаҳои Сарраёсатҳо ва раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда муқаррар карда мешавад  (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
6. хориҷ карда шуд  (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 68. Тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар судҳои ҳарбӣ
1. Хизматчиёни ҳарбии коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳои ҳарбии гарнизонҳо хизмати ҳарбиро адо мекунанд ва ба онҳо оинномаю низомномаҳои ҳарбие, ки тартиби адои хизмати ҳарбиро муайян мекунанд, татбиқ мегарданд, ба истиснои тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
2. Ба судяҳои коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи ҳарбӣ медиҳад.
3. Ба судяҳои судҳои ҳарбии гарнизонҳо бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи ҳарбии то полковникро медиҳад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
4. Ба судяҳои коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди якҷояи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои олии ҳарбӣ медиҳад.
5. Тартиби ба хизматчиёни ҳарбии дастгоҳи коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбии гарнизонҳо,  додани рутбаҳои ҳарбӣ, инчунин тартиби ба хизмати ҳарбӣ даъват ва аз хизмати ҳарбӣ озод шудани судяҳои судҳои ҳарбии гарнизонҳо ва хизматчиёни ҳарбии дастгоҳи судҳои ҳарбӣ, коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" бо назардошти муқаррароти Қонуни конститутсионии мазкур муайян карда мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
6. Тартиби адои хизмати ҳарбии хизматчиёни ҳарбии коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбии гарнизонҳоро дар давраи сафарбарӣ ва дар замони ҷанг қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 69. Посбонӣ, нигоҳдорӣ ва бо посбон бурдани шахсони ба ҳабс гирифташуда
1. Бо посбон ба судҳои ҳарбӣ бурдани шахсоне, ки дар қисмҳои интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд ё дар гауптвахта қарор доранд ва посбонии онҳоро дар мурофиаҳои судӣ мутобиқан қисмҳои ҳарбӣ ё комендантҳои ҳарбии гарнизонҳо иҷро менамоянд.
2. Бо посбон ба маҳалли аз ҷониби судҳои ҳарбӣ баррасӣ шудани парвандаҳо бурдани шахсоне, ки дар дигар ҷойҳои нигоҳдории ба ҳабс гирифташудагон, инчунин дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ ё изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ мебошанд, аз тарафи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
БОБИ 6. СУДИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН, СУДҲОИ ВИЛОЯТ ВА ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Моддаи 70. Ҳайати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе
1. Ҳайати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе аз раис, муовини якум, муовинони раис, судяҳо ва машваратчиёни халқӣ иборат аст.
2. Шумораи судяҳои Суди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанберо бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
3. Дар Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе сохторҳои зерин фаъолият менамоянд.
- Раёсати суд;
- коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маданӣ (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084) ;
- коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ;
- коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ;
- коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ.
Моддаи 71. Салоҳияти Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе
1. Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе:
- дар марҳилаи якум парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509, аз 13.11.2024 № 2084));
- ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ менамоянд (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084);
- пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурорро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда баррасӣ менамоянд;
- аризаи тарафҳо, прокурор, дигар шахсони иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани санади судии қабулнамудаи он, инчунин қарорҳои судҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ё назоратӣ, ки дар асоси онҳо санади суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё санади судии нав қабул шудааст, баррасӣ менамоянд;
- таҷрибаи аз тарафи судҳои шаҳр ва ноҳия татбиқ намудани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷамъбаст мекунанд, аз натиҷаи он ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамоянд;
- омори судиро таҳлил менамоянд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.
2. Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ҳуқуқ доранд ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 72. Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе
1. Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе мутаносибан аз ҷумлаи судяҳои ин судҳо таъсис дода мешаванд.
2. Шумора ва ҳайати Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанберо Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
3. Раисони Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, муовини якум ва муовинони онҳо ба ҳайати Раёсати суди дахлдор аз рӯйи вазифаашон дохил мешаванд.
4. Дар Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе ҳангоми баррасии парвандаҳои мушаххас прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурорҳои вилоят, шаҳри Душанбе ё муовинони онҳо иштирок менамоянд.
5. Дар маҷлисҳои Раёсат, ки ба баррасии парвандаҳои мушаххас иртибот надоранд, бо даъвати раисони Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе судяҳои дигар судҳо иштирок карда метавонанд.
Моддаи 73. Салоҳияти Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе
Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе:
- ба тариқи назоратӣ парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084);
- пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурорро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда баррасӣ менамояд;
- аризаи тарафҳо, прокурор, шахсони дигари иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани қарори суди марҳилаи назоратӣ, ки дар асоси он ҳалномаи суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё ҳалномаи нав қабул шудааст, баррасӣ менамояд;
- бо пешниҳоди раиси суд аз ҷумлаи судяҳо ҳайати коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва аз ҷумлаи муовинони раиси суд ва судяҳо раисони ин коллегияҳои судиро тасдиқ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084);
- масъалаҳои ташкили кори коллегияҳои судиро баррасӣ менамояд, дар бораи фаъолияти коллегияҳои судӣ ҳисоботи раисони коллегияҳои судиро мешунавад;
- маводи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ва омори судиро баррасӣ менамояд;
- ҳисоботи раисони коллегияҳои судиро оид ба фаъолияти коллегияҳо, раисони судҳои шаҳр ва ноҳияро дар бораи фаъолияти ин судҳо мешунавад, масъалаҳои кори дастгоҳи судро баррасӣ менамояд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 74. Тартиби кори Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе
1. Маҷлисҳои Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе дар мавридҳои зарурӣ гузаронида шуда, дар сурати иштироки на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Раёсат салоҳиятнок ҳисобида мешаванд.
2. Қарори Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе ба тариқи овоздиҳии ошкоро бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои дар овоздиҳӣ иштирокдошта қабул мегардад ва ба он раиси суди дахлдор имзо мегузорад.
3. Қарори Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе аз рӯзи қабул намудани он эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
Моддаи 75. Коллегияҳои судии Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе
1. Ҳайати коллегияҳои судӣ ва раисони онҳоро бо пешниҳоди раиси суди дахлдор Раёсати ин судҳо тасдиқ мекунад.
2. Раисони Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе дар мавриди зарурат ҳуқуқ доранд, ки судяҳои як коллегияи судиро барои баррасии парвандаҳо ба ҳайати коллегияи дигар ҷалб намоянд.
Моддаи 76. Салоҳияти коллегияҳои судии Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе
Коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084):
- парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- дар доираи салоҳияти худ парвандаҳоро бо тартиби кассатсионӣ баррасӣ менамоянд;
- аризаи тарафҳо, прокурор, шахсони дигари иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани қарорҳои судии қабулнамудаи ҳамин коллегия, инчунин қарори суди марҳилаи кассатсионӣ, ки дар асоси он қарорҳои суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё қарори нави судӣ қабул шудааст, баррасӣ менамоянд;
- таҷрибаи судиро ҷамъбаст, омори судиро таҳлил менамоянд, аз натиҷаи он ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамоянд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.
Моддаи 77. Салоҳияти раисони Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе
1. Раисони Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе:
- ба фаъолияти суди дахлдор роҳбарӣ мекунанд ва нақшаи кории судро тасдиқ мекунанд;
- вазифаҳоро дар байни муовинони раиси суд тақсим мекунанд;
- тибқи тартиби муқарраргардида парвандаҳоро байни судяҳо тақсим менамоянд;
- парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- дар коллегияҳои судӣ ҳангоми ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ намудани парвандаҳо раисӣ карда метавонанд;
- дар коллегияҳои судӣ ва Раёсати судҳои мазкур оид ба парвандаҳо маърӯза карда метавонанд;
- Раёсати судро даъват намуда, дар маҷлиси он раисӣ мекунанд;
- ба ташкили кори дастгоҳи суд роҳбарӣ карда, кормандони дастгоҳ ва хизматчиёни граждании (ҳайати техникӣ ва хизматрасони) судро, ба истиснои сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар, пристави судӣ, мушовирон ва ёрдамчии раиси суд, ба кор қабул ва аз кор озод менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 20.04.2021 № 1772);
- кори такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро ташкил менамоянд;
- нисбати раисон, муовинон ва судяҳои суди шаҳр ва ноҳия бо асосҳои дар Қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда парвандаи интизомӣ оғоз менамоянд;
- корҳоро оид ба ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ва таҳлили омори судӣ ташкил мекунанд;
- шахсони воқеӣ ва намояндагони шахси ҳуқуқиро шахсан қабул намуда, фаъолияти судиро оид ба қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳо ташкил менамоянд (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084);
- ҷиҳати тақвияти муқовимат ба коррупсия ва риояи меъёрҳои Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешанд;
- оид ба нигоҳдории молу мулки давлатӣ, ки ба суд барои истифодабарӣ дода шудааст, чораҳо меандешанд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.
2. Раисони Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе дар доираи салоҳияташон фармон мебароранд.
3. Дар мавриди набудани раиси суд вазифаҳои ӯро муовини якуми раис иҷро мекунад. Дар давраи набудани раиси суд ва муовини якуми ӯ вазифаҳои раисро Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи яке аз муовинони раиси суд мегузорад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 78. Салоҳияти муовини якум ва муовинони раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе
Муовини якум ва муовинони раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе:
- парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- кори коллегияҳои судиро дар хусуси ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ кардани парвандаҳо ташкил менамоянд;
- дар маҷлисҳои судии коллегияҳо, ки роҳбарии онҳоро ба ӯҳда доранд, раисӣ мекунанд ё барои иҷрои ин вазифа дигар судяҳоро таъин мекунанд;
- дар коллегияи судӣ ва дар маҷлисҳои Раёсат оид ба парвандаҳо маърӯза менамоянд;
- ба Раёсати суд дар бораи фаъолияти коллегияҳо ҳисобот медиҳанд;
- парвандаҳои судиро аз судҳои шаҳр ва ноҳия барои омӯзиш талаб мекунанд ва барои гузаронидани ҷамъбасти таҷрибаи судӣ чораҳо меандешанд, аз натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамоянд;
- шахсан шахсони воқеӣ ва намояндагони шахси ҳуқуқиро қабул мекунанд (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084) ;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.
Моддаи 79. Салоҳияти судяи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе
1. Судяи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе:
- парвандаҳоро дар марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- дар баррасии парвандаҳо ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ иштирок менамояд;
- эътироз ва шикоятҳои назоратиро баррасӣ менамояд;
- оид ба маводи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ, ки барои баррасӣ ба Раёсати суд пешниҳод шудаанд, маърӯза менамояд;
- бо супориши раис, муовини якум, муовинон ва раисони коллегияҳои судии Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе вазифаҳои дигарро дар доираи салоҳияташ иҷро мекунад;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
2. Судяи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ҳуқуқ дорад ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
БОБИ 7. СУДҲОИ ШАҲР ВА НОҲИЯ
Моддаи 80. Таъсиси судҳои шаҳр ва ноҳия
1. Судҳои шаҳр ва ноҳия дар ҳудуди шаҳр ва ноҳия таъсис дода мешаванд.
2. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон судҳои шаҳр ва ноҳияро таъсис медиҳад.
Моддаи 81. Ҳайати судҳои шаҳр ва ноҳия
1. Судҳои шаҳр ва ноҳия аз раиси суд, судяҳо ва машваратчиёни халқӣ иборат мебошанд. Дар судҳои шаҳр ва ноҳия, ки дар онҳо панҷ нафар ва ё зиёда судя фаъолият менамоянд, вазифаи муовини раиси суд, ҳафт нафар ва ё зиёда судя бошанд, инчунин вазифаи муовини якуми раиси суд муқаррар карда мешаванд.
2. Раис, муовини якум, муовин ва судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳияро бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
3. Шумораи судяҳоро барои судҳои шаҳр ва ноҳия бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 82. Салоҳияти судҳои шаҳр ва ноҳия
1. Судҳои шаҳр ва ноҳия парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дархост ва пешниҳодҳоро, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти онҳо вобаста карда шудаанд, баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509, аз 13.11.2024 № 2084).
2. Судҳои шаҳр ва ноҳия дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ҳуқуқ доранд ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 83. Салоҳияти раисони судҳои шаҳр ва ноҳия
1. Раисони судҳои шаҳр ва ноҳия:
- ба фаъолияти судҳои дахлдор роҳбарӣ мекунанд ва нақшаи кории судро тасдиқ менамоянд;
- парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- тибқи тартиби муқарраргардида парвандаҳоро байни судяҳо тақсим менамоянд;
- судяҳоеро, ки парвандаҳои оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин парвандаҳои ҷиноятиро нисбати ноболиғон баррасӣ менамоянд, муайян мекунанд;
- ташкили корро бо машваратчиёни халқӣ муайян мекунанд;
- шахсони воқеӣ ва намояндагони шахси ҳуқуқиро шахсан қабул карда, корро оид ба қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳо ташкил менамоянд (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084);
- ба омӯзишу ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ва пешбурди омори судӣ роҳбарӣ мекунанд, ба мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор дар хусуси бартараф намудани вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамоянд;
- ба дастгоҳи суд роҳбарӣ карда, барои такмил додани ташкили кори дастгоҳи суд тадбирҳо меандешанд;
- кормандони дастгоҳ ва ҳайати ёрирасони судро, ба истиснои сардорони шӯъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисиони пешбар, пристави судӣ, мушовир ва ёрдамчии раиси суд ба кор қабул ва аз кор озод менамоянд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328, аз 20.04.2021 № 1772);
- кори такмили ихтисоси кормандони суд, инчунин баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии машваратчиёни халқиро ташкил мекунанд;
- ҷиҳати тақвияти муқовимат ба коррупсия ва риояи меъёрҳои Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешанд;
- оид ба нигоҳдории молу мулки давлатӣ, ки ба суд барои истифодабарӣ дода шудааст, чораҳо меандешанд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.
2. Раисони судҳои шаҳр ва ноҳия дар доираи салоҳияташон фармон мебароранд.
3. Дар ҳолати набудани раиси суд ваколатҳои ӯро муовини якуми ӯ ва дар вақти набудани муовини якум муовини раис иҷро мекунад. Дар сурати муваққатан ҳузур надоштани раиси суди шаҳр ва ноҳия дар суде, ки вазифаи муовини раис набошад, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифаи раисро ба зиммаи яке аз судяҳои ин суд мегузорад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 84. Салоҳияти муовини якум ва муовини раисони судҳои шаҳр ва ноҳия
Муовини якум ва муовини раисони судҳои шаҳр ва ноҳия:
- парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- мутобиқи тақсимоти вазифаҳо ба кори воҳидҳои сохтории дастгоҳи суд роҳбарӣ мекунанд.
- шахсони воқеӣ ва намояндагони шахси ҳуқуқиро шахсан қабул менамоянд (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084);
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.
Моддаи 85. Салоҳияти судяи судҳои шаҳр ва ноҳия
1. Судяи судҳои шаҳр ва ноҳия:
- парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- бо супориши раис ва муовини раиси судҳои шаҳр ва ноҳия вазифаҳои дигарро дар доираи салоҳияташ иҷро мекунад;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
2. Судяи судҳои шаҳр ва ноҳия дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ҳуқуқ дорад ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
БОБИ 8. СУДИ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН, СУДҲОИ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТ ВА ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Моддаи 86. Ҳайати Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе
1. Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе аз раис, муовинони раис ва судяҳо иборат мебошанд.
2. Шумораи судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд  (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
3. Дар судҳои иқтисодӣ, ки дар он панҷ нафар ё зиёда судя фаъолият менамоянд вазифаи муовини раиси суд, ҳафт нафар ва ё зиёда бошанд, вазифаи муовини якуми раиси суд муқаррар карда мешаванд.
4.  Хориҷ карда шуд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509).
Моддаи 87. Салоҳияти Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе
1. Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе:
- дар суди марҳилаи якум парвандаҳоро баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- аз рӯйи аризаи шахсони иштирокчии парванда санадҳои судии қабулкардаи худро, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда аз нав баррасӣ мекунанд;
- таҷрибаи судиро ҷамъбаст, омори судиро таҳлил менамоянд, аз натиҷаи он ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамоянд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.
2. Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ҳуқуқ доранд ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 88. Салоҳияти раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе
1. Раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе:
- фаъолияти  суди  иқтисодиро  ташкил  менамоянд  ва нақшаи кории
судро тасдиқ мекунанд
- дар муносибатҳо бо мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва мақомоти дигар суди иқтисодиро намояндагӣ мекунанд;
- парвандаҳоро дар марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- тибқи тартиби муқарраргардида парвандаҳоро байни судяҳо тақсим менамоянд;
- барои дастҷамъона баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ ҳайати судӣ ва судяи дар маҷлиси судӣ раисикунандаро муайян мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- кормандони дастгоҳ ва ҳайати ёрирасони судро, ба истиснои сардорони шӯъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисиони пешбар, пристави судӣ, мушовир ва ёрдамчии раиси суд ба кор қабул ва аз кор озод менамоянд  (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328, аз 20.0.42021 № 1772);
- ҷиҳати тақвияти муқовимат ба коррупсия ва риояи меъёрҳои Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешанд;
- оид ба нигоҳдории молу мулки давлатӣ, ки ба суд барои истифодабарӣ дода шудааст, чораҳо меандешанд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.
2. Раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе дар доираи салоҳияташон фармон мебароранд.
3. Дар сурати набудани раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ваколатҳояшонро муовинони якум ё муовинони онҳо амалӣ менамоянд.
Моддаи 89. Салоҳияти муовини якум ва муовини раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе
Муовини якум ва муовини раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе:
- парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- мутобиқи тақсимоти вазифаҳо ба кори воҳидҳои сохтории дастгоҳи суд роҳбарӣ мекунанд.
- шахсони воқеӣ ва намояндагони шахси ҳуқуқиро шахсан қабул менамоянд (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084);
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.
Моддаи 90. Салоҳияти судяи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе
1. Судяи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе:
- парвандаҳоро дар марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1509);
- бо супориши раис ва муовини раиси Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе вазифаҳои дигарро дар доираи салоҳияташ иҷро мекунад;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
2. Судяи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ҳуқуқ дорад ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
БОБИ 9. КОРГУЗОРӢ ДАР СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 91. Дастгоҳи суд
1. Дастгоҳи суд фаъолияти ташкилии судро оиди амалӣ намудани адолати судӣ, ҷамъбасти таҷрибаи судӣ, таҳлили омори судӣ, дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, инчунин иҷрои дигар вазифаҳои судӣ таъмин мекунад. Бо ин мақсад дар дастгоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои сохтории дахлдор ташкил карда мешаванд (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084).
2. Сохтор ва шумораи воҳидҳои кории дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шумораи воҳидҳои кории дастгоҳи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе мувофиқан бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 20.04.2021 № 1772).
3. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ метавонанд ба ҷадвали воҳидҳои корӣ дар доираи шумораи умумии воҳидҳои кории амалкунанда, аз як суд ба суди дигар додани воҳиди корӣ ва фонди музди меҳнати тасдиқшуда дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид намоянд(Қонуни конст. ҶТ аз 20.04.2021 № 1772).
4. Кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан аз тарафи раисони ҳамин судҳо ба кор қабул ва аз кор озод карда мешаванд.
хориҷ карда шуд (Қонуни конст. ҶТ аз 20.04.2021 № 1772)
5. Сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар, пристави судӣ, мушовир ва ёрдамчии раисони Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар, пристави судӣ, мушовир ва ёрдамчии раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе аз тарафи Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Кормандони дигари дастгоҳ ва ҳайати ёрирасони судҳоро раисони судҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ба кор қабул ва аз кор озод менамоянд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328, аз 20.0.42021 № 1772).
6. Ба кормандони дастгоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳо дода мешаванд. Рутбаҳои кормандони дастгоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. Низомномаи тартиби додани рутбаҳо ба кормандони дастгоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Ба маоши вазифавии кормандони дастгоҳи судҳо иловапулӣ барои рутбаҳо муқаррар карда мешавад. Андоза ва тартиби додани иловапулиро барои рутбаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
7. Кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳои шаҳр ва ноҳия, суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ва кормандони Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасон), хизматчии давлатӣ мебошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 20.04.2021 № 1772).
8. Ваколат, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони дастгоҳи судҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дастурамалҳои мансабӣ, ки мувофиқан аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, муайян карда мешаванд.
Моддаи 92. Хориҷ карда шуд
(Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328)
Моддаи 93. Хориҷ карда шуд
(Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328)
Моддаи 94.Хориҷ карда шуд
(Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328)
Моддаи 95. Маълумоти омории судҳо
1. Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сол ду маротиба мувофиқан ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти омории шакли муқарраршударо пешниҳод мекунанд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
2. Судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе охири ҳар сол дар бораи фаъолияти солонаи худ мувофиқан ба Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шакл ва тартиби муқарраргардида ахборот пешниҳод менамоянд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 96. Санҷиши фаъолияти судҳо
1. Санҷиши қонунӣ ва асоснок будани санадҳои судие, ки судҳои поёнӣ қабул кардаанд, аз тарафи суди болоӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Тартиби бартараф намудани вайронкунии қонунро, ки дар ҷараёни санҷиш муайян карда шудааст, қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
3. Санҷиши фаъолияти ташкилӣ ва молиявии Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳияро дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо бошад, дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 97. Бойгонии суд
Дар назди судҳо бойгониҳо амал мекунанд. Тартиби ба бойгонӣ супоридани парванда ва мавод, нигоҳдорӣ ва истифодаи онҳо мувофиқан аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ" ба роҳ монда мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 98. Нашрияҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашрияи худро доранд.
2. Ҳайати таҳририяи нашрияҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пешниҳоди раисони ин судҳо мувофиқан пленумҳои судҳои дахлдор тасдиқ менамоянд.
Моддаи . Ташкили дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо  (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084).
Судҳо барои дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти худ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои дахлдор меандешанд. Иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ, электронӣ ва шаклҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, пешниҳод карда мешаванд (Қонуни конст.ҶТ аз 13.11.2024 № 2084).
БОБИ 10. КОМИССИЯИ ИМТИҲОНОТӢ ВА ТАШКИЛИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ
(Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328)
Моддаи 99.  Хориҷ карда шуд
(Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328)
Моддаи 100. Хориҷ карда шуд
(Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328)
Моддаи 101. Хориҷ карда шуд
(Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328)
Моддаи 102. Хориҷ карда шуд
(Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328)
Моддаи 103. Хориҷ карда шуд
(Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328)
Моддаи 104. Хориҷ карда шуд
(Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328)
Моддаи 105. Хориҷ карда шуд
(Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328)
Моддаи 106. Хориҷ карда шуд
(Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328)
Моддаи 107. Комиссияи ягонаи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз-судяҳо
(Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328)
1. Комиссияи ягонаи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз-судяҳо дар асоси Низомнома дар бораи комиссияи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз-судяҳо фаъолият карда, имтиҳони тахассусии номзадҳои бори аввал барои таъин намудан ба вазифаи судя пешбаришаванда ва коромӯз-судяҳоро мегузаронад.
2. Бо пешниҳоди якҷояи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи ягонаи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз-судяҳо таъсис дода, ҳайат ва Низомномаи он тасдиқ карда мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 108. Коромӯз-судя
1. Бо пешниҳоди Комиссияи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз-судяҳо шахсоне, ки бори аввал ба вазифаи судя пешбарӣ мешаванд, метавонанд ба мӯҳлати як сол ба сифати коромӯз-судя фаъолият намоянд ва ин мӯҳлат ба собиқаи кории касбии онҳо дохил мешавад.
2. Коромӯз-судя метавонад шахсе бошад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ бошад, забони давлатӣ ва хориҷиро донад, хизмати ҳарбии ҳатмии мӯҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад ва ҳадди ақал 3 сол собиқаи кори касбӣ дошта, аз имтиҳони тахассусӣ гузашта бошад (Қонуни конститусионии ҶТ аз 29.01.2021 № 1751).
3. Низомнома дар бораи коромӯз-судя аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад  (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328, аз 13.11.2024 № 2084).
Моддаи 109. Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328)
1. Дар назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таълимии судяҳо фаъолият менамояд.
2. Фаъолияти Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Маркази таълимии судяҳо) ба амалӣ намудани барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуда, аз тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судя, коромӯз-судяҳо ва такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои ҷумҳурӣ иборат мебошад.
3. Мақсад ва вазифаҳои Маркази таълимии судяҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳо, сохтор ва идоракунӣ, Шӯрои ҳамоҳангсоз, Шӯрои таълимӣ-машваратӣ, ташкили раванди таълим, заминаи моддию таълимӣ, молу мулк, сарчашмаи маблағгузорӣ ва баҳисобгирии муҳосибии он бо Низомномаи Маркази таълимии судяҳо муайян карда мешавад.
4. Директори Маркази таълимии судяҳо бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Ваколатҳои директор бо Низомномаи Маркази таълимии судяҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Кормандони дигари Маркази таълимии судяҳо бо пешниҳоди Директори Маркази таълимии судяҳо аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
5. Низомномаи Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 110. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии Маркази таълимии судяҳо
(Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328)
Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти Маркази таълимии судяҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сурат гирифта, бо сатри алоҳида зикр меёбанд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
БОБИ 11. КОЛЛЕГИЯИ ТАХАССУСИИ СУДЯҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328)
Моддаи 111. Таъсиси Коллегияи тахассусии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328)
1. Бо мақсади хоста гирифтан ва пешбарии номзадҳои арзанда ба вазифаи судя ва тақвияти кафолати мустақилияти судяҳо, инчунин гузаронидани санҷиши тахассусӣ ва баррасии масъалаҳои ҷавобгарии интизомии судяҳо Коллегияи тахассусии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Коллегияи тахассусии судяҳо) таъсис дода мешавад.
2. Ҳайати Коллегияи тахассусии судяҳо ба мӯҳлати ваколати судяҳо интихоб мегардад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 112. Ҳайати Коллегияи тахассусии судяҳо
(Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328)
1. Ҳайати Коллегияи тахассусии судяҳо дар конфронси судяҳои судҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби судяҳо дар ҳайати раис, муовини раис ва 11 нафар аъзо интихоб карда мешаванд, аз ҷумла:
- ду судя аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ду судя аз Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- як судя аз судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
- ду судя аз судҳои вилояти Хатлон (яке аз онҳо судяи суди иқтисодии вилоят);
- ду судя аз судҳои вилояти Суғд (яке аз онҳо судяи суди иқтисодии вилоят);
- ду судя аз судҳои шаҳри Душанбе (яке аз онҳо судяи суди ҳарбии гарнизон);
- ду судя аз судҳои шаҳр ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.
2. Барои интихоб намудани аъзои Коллегияи тахассусии судяҳо Раиси иттиҳодияи ҷамъиятии "Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" (минбаъд - Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки бо тартиби муқарранамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, конференсияи судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват менамояд.
3. Конфронси судяҳо, ки барои интихоби аъзои Коллегияи тахассусии судяҳо даъват шудааст, дар он сурат баргузоршуда ҳисобида мешавад, агар дар он на камтар аз се ду ҳиссаи судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда бошанд.
4. Судя ҳамон вақт узви Коллегияи тахассусии судяҳо интихобшуда ҳисоб меёбад, агар аз нисф зиёди овозҳои судяҳои дар овоздиҳӣ иштирокдоштаро гирифта бошад.
5. Раиси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси якуми Коллегияи тахассусии судяҳоро даъват менамояд, ки дар он аз ҷумлаи аъзои Коллегия раис ва муовини раиси Коллегияи тахассусии судяҳо бо роҳи овоздиҳии ошкоро ё пинҳонӣ бо аксарияти овозҳо интихоб карда мешаванд.
6. Интихоби узви нави Коллегияи тахассусии судяҳо ба ҷои узви хориҷшуда бо тартиби пешбининамудаи моддаи мазкур амалӣ карда мешавад.
7. Раёсати Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси протоколи пешниҳодкардаи конфронси судяҳо бо қарори худ ҳайати Коллегияи тахассусии судяҳоро ба расмият медарорад.
8. Тартиби гузаронидани конфронсро Низомномаи аз ҷониби конфронси судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида муайян мекунад.
9. Коллегияи тахассусии судяҳо мустақилона фаъолият намуда, қароргоҳи он шаҳри Душанбе мебошад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 113. Салоҳияти Коллегияи тахассусии судяҳо
(Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328)
1. Коллегияи тахассусии судяҳо:
- бо пешниҳодҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти натиҷаи имтиҳоноти тахассусӣ дар бораи тавсияи номзади бори аввал ба вазифаи судя пешниҳодшаванда ва ё рад кардани номзадии ӯ хулоса медиҳад;
- дар бораи муносиб будани номзадҳо барои интихоб ё таъин намудан ба вазифаи муовинони Раис ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе хулоса медиҳад;
- санҷиши тахассусии судяҳои судҳои ҷумҳуриро мегузаронад;
- бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия додани дараҷаҳои тахассусӣ хулоса медиҳад;
- бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон, судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе додани дараҷаҳои тахассусӣ хулоса медиҳад;
- дар бораи бозхонд ва озод кардани судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия хулоса пешниҳод менамояд;
- дар бораи бозхонд ва озод кардани судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон, судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иктисодии вилоят ва шаҳри Душанбе хулоса пешниҳод менамояд;
- масъалаи муваққатан боздоштани ваколатҳои судяро баррасӣ менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.12.2021 № 1807);
- масъалаҳои ҷавобгарии интизомии судяҳои ҷумҳуриро баррасӣ мекунад.
2. Хулосаи Коллегияи тахассусии судяҳо дар бораи тавсияи номзади бори аввал ба вазифаи судя пешниҳодшаванда ё рад кардани ӯ дар муҳлати се сол эътибор дорад.
3. Коллегияи тахассусии судяҳо ҳуқуқ дорад барои иҷро намудани ваколатҳояшон аз раисони судҳо, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор маълумоти заруриро талаб намояд.
4. Коллегияи тахассусии судяҳо вазифадор аст, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии судяҳоро ҳимоя намуда, аз мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои дигар ва шахсони мансабдор оид ба муроҷиати худ ҷавоб талаб намояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 114. Санҷиши тахассусии судяҳо
1. Санҷиши тахассусии судяҳо аз тарафи Коллегияи тахассусии судяҳо бо мақсади баҳо додан ба фаъолияти касбии судяҳо, ҳавасмандгардонии онҳо ва барои баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ, инчунин баланд бардоштани масъулияти онҳо баҳри риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо ҳангоми баррасии парвандаҳо амалӣ карда мешавад. Шакли гузаронидани санҷиши тахассусии судяҳоро Коллегияи тахассусии судяҳо муайян менамоянд.
2. Санҷиши тахассусии судяҳо дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:
- додани дараҷаҳои тахассусӣ;
- интихоб ва таъин намудани судя ба суди болоӣ;
- интихоб ва таъин намудани судя ба мӯҳлати навбатии ваколат;
- пайдоиши зарурат оид ба муайян намудани муносиб будани судя ба вазифаи ишғолкардааш (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 115. Дараҷаи тахассусии судяҳо
1. Ба судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаи тахассусӣ дода мешавад.
2. Дараҷаҳои тахассусии судяҳоро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
3. Низомномаи тартиби додани дараҷаҳои тахассусӣ ба судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Моддаи 116. Мӯҳлатҳои гузаронидани санҷиши тахассусии судяҳо
1. Санҷиши тахассусии судя барои муайян намудани мувофиқати ӯ ба вазифаи ишғолкарда новобаста аз вақти гузаштани санҷиши охирин гузаронида мешавад.
2. Санҷиши тахассусии навбатии судя на дертар аз як моҳ то рӯзи ба итмом расидани мӯҳлати дар дараҷаи тахассусии додашуда будани ӯ гузаронида мешавад. Пеш аз мӯҳлат гузаронидани санҷиши тахассусӣ на пештар аз ду соли гузаштани муддати санҷиши охирин имконпазир аст.
3. Шахсони бори аввал ба вазифаи судя таъиншуда дар муддати шаш моҳи баъди таъин шуданашон барои гирифтани дараҷаи тахассусӣ аз санҷиши тахассусӣ мегузаранд.
Моддаи 117. Тартиби гузаронидани санҷиши тахассусии судяҳо
1. Ба судяе, ки аз санҷиши тахассусӣ мегузарад, барои баррасӣ ба Коллегияи тахассусии судяҳо тавсифнома дода мешавад, ки дар он сифатҳои корӣ, ахлоқӣ ва фаъолияти касбии ӯ нишон дода мешаванд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
2. Судя бояд бо тавсифнома на дертар аз 15 рӯз то санаи гузаронидани санҷиши тахассусӣ шинос карда шавад.
3. Санҷиши тахассусӣ дар ҳузури судяе, ки аз санҷиш мегузарад, дар мӯҳлати як моҳ баъд аз рӯзи ворид шудани маводи дахлдор гузаронида мешавад.
Моддаи 118. Тартиби кори коллегияҳои тахассусии судяҳо
1. Пешниҳодҳо ва дигар маводи ба Коллегияи тахассусии судяҳо воридшуда ва ба салоҳияти он тааллуқдошта, бояд дар мӯҳлати то 30 рӯз аз санаи воридшавии онҳо, ба истиснои мӯҳлати бо сабабҳои узрнок иштирок надоштани судяе, ки нисбати ӯ масъала ҳал мешавад, баррасӣ карда мешаванд. Дар сурати гузаронидани санҷиши иловагӣ мӯҳлати баррасии мавод метавонад на бештар аз 15 рӯз дароз карда шавад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
2. Тайёрии маҷлиси Коллегияи тахассусии судяҳоро раиси Коллегия, муовини вай ё ин ки бо супориши раис яке аз аъзои Коллегия мегузаронад.
3. Вақт ва ҷои гузаронидани маҷлисро раиси Коллегия муайян карда, на дертар аз 15 рӯз дар ин бора ба шахсе, ки нисбати ӯ масъала баррасӣ мегардад ва ба шахсони мансабдоре, ки аз рӯи пешниҳоди онҳо масъала баррасӣ карда мешавад, хабар мерасонад.
4. Маҷлиси Коллегияи тахассусии судяҳо он вақт салоҳиятнок ҳисобида мешавад, агар дар он на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Коллегия иштирок намоянд.
5. Коллегияи тахассусии судяҳо маҷлисҳои худро аз рӯи зарурат мегузаронад.
6. Маҷлиси Коллегияи тахассусӣ ошкоро гузаронида мешавад.
7. Ба маҷлиси Коллегияи тахассусии судяҳо раиси он ва дар ҳолати набудани раис - муовини вай ё яке аз аъзои Коллегия, ки дар машварати Коллегияи тахассусии судяҳо ба ин кор ваколатдор шудааст, раисӣ менамояд. Ба маҷлиси Коллегияи тахассусии судяҳо раисони судҳои дахлдор метавонанд даъват шаванд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
8. Баррасии масъалаҳое, ки дар маҷлиси Коллегияи тахассусӣ ҳал меарданд, аз гузориши раис ё аъзои Коллегия, ки пешниҳод ва дигар маводи ба Коллегия воридшударо пешакӣ омӯхтааст, оғоз мегардад. Пас аз он мулоҳизаи шахсони ба маҷлиси Коллегияи тахассуси даъватшуда шунида, ҳуҷҷатҳои зарурӣ таҳқиқ карда мешаванд.
Моддаи 119. Ҳуқуқи аъзои Коллегияи тахассусии судяҳо
Аъзои Коллегияи тахассусии судяҳо ҳуқуқ доранд бо маводи пешниҳодшуда шинос шаванд, дар таҳқиқ ва санҷиши онҳо иштирок кунанд, дархост ва ваҷҳҳо пешниҳод карда, андешаҳои худро оид ба масъалаи баррасишаванда баён намоянд, ҳуҷҷатҳо пешниҳод кунанд, дар қабул намудани қарор иштирок карда, ба қарори он имзо гузоранд.
Моддаи 120. Рад намудани аъзои Коллегияи тахассусии судяҳо
1. Агар ҳолатҳое муайян гарданд, ки беғаразии узви Коллегияи тахассусии судяҳоро таҳти шубҳа мегузоранд, ӯ наметавонад дар баррасии масъала иштирок намояд ва бояд рад карда шавад.
2. Ҳангоми мавҷуд будани чунин ҳолатҳо узви Коллегияи тахассусии судяҳо вазифадор аст, ки худрадкунӣ изҳор намояд. Бо ҳамин асосҳо ба узви Коллегия шахсе, ки нисбати ӯ масъала ҳал карда мешавад ва шахсе, ки бо пешниҳоди ӯ масъала баррасӣ мегардад, метавонанд раддия арз намоянд.
3. Худрадкунӣ ва раддия бояд асоснок бошанд ва дар шакли хаттӣ то оғози баррасии масъала изҳор карда шаванд.
4. Қарор дар бораи ҳалли раддияи (худрадкунии) узви Коллегия дар ғоибии ӯ аз тарафи аксарияти аъзои Коллегия, ки дар маҷлис иштирок менамоянд, қабул карда мешавад.
Моддаи 121. Хулоса ва қарори Коллегияи тахассусии судяҳо
1. Хулоса ва қарори Коллегияи тахассусии судяҳо бо аксарияти овозҳои аъзои дар маҷлис иштироккунандаи Коллегия қабул карда мешавад.
2. Овоздиҳӣ дар ғоибии шахсе, ки нисбати ӯ масъала баррасӣ мегардад ва шахсони даъватшуда гузаронида мешавад.
3. Судяе, ки узви Коллегияи тахассусӣ мебошад, ҳангоми баррасии масъала нисбати ӯ дар овоздиҳӣ иштирок карда наметавонад.
4. Хулоса ё қарори Коллегияи тахассусӣ дар шакли хаттӣ таҳия мешавад ва дар он бояд вақт ва ҷои қабули он, ҳайати Коллегия, асосноккунии қарорҳои қабулшуда нишон дода шаванд. Ба хулоса ё қарор раисикунанда ва аъзои Коллегияи тахассусӣ, ки дар овоздиҳӣ иштирок намудаанд, имзо мегузоранд. Аъзои Коллегия, ки ақаллиятро ташкил медиҳанд, ҳуқуқ доранд фикри худро оид ба қарор ё хулосаи баровардашаванда хаттӣ баён кунанд, ки он ба мавод замима гардида, набояд эълон карда шавад.
5. Нусхаи тасдиқгардидаи қарор ё хулосаи эълоншудаи Коллегияи тахассусии судяҳо ба шахсони манфиатдор супорида мешаванд.
6. Нисбат ба қарор ва хулосаи Коллегияи тахассусии судяҳо ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати даҳ рӯз аз лаҳзаи супоридани онҳо шикоят овардан мумкин аст.
Моддаи 122. Коргузорӣ ва таъмини моддӣ-техникии фаъолияти Коллегияи тахассусии судяҳо
(Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328)
1. Коргузорӣ дар Коллегияи тахассусии судяҳо бо қарори он ба зиммаи яке аз аъзои коллегия гузошта мешавад. Дар ҷараёни маҷлиси Коллегияи тахассусии судяҳо протокол тартиб дода мешавад.
2. Таъмини ташкилӣ ва моддию техникии фаъолияти Коллегияи тахассусии судяҳо ба зиммаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олки иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешаванд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
БОБИ 12. ҶАВОБГАРИИ ИНТИЗОМИИ СУДЯҲО
Моддаи 123. Асосҳои ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани судя
Судя дар ҳолатҳои зерин ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад:
- барои дағалона вайрон намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дархосту пешниҳодҳо (Қонуни конститусионии ҶТ аз 8.08.2015 № 1212, аз 13.11.2024 № 2084);
- барои риоя накардани қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ;
- барои кирдоре, ки обрӯи ҳокимияти судӣ ва шаъну эътибори судяро паст мезанад;
- барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конститусионии ҶТ аз 8.08.2015 № 1212).
Моддаи 124. Марҳилаҳои парвандаи интизомӣ
Парвандаи интизомӣ иборат аст аз:
- санҷиши маълумот оид ба кирдори интизомии судя;
- оғоз намудани парвандаи интизомӣ;
- баррасӣ кардани парвандаи интизомӣ.
Моддаи 125. Санҷиши маълумот оид ба кирдори судя ва оғоз намудани парвандаи интизомӣ
1. Шахсе, ки ҳуқуқи оғоз кардани истеҳсолоти интизомиро дорад, пешакӣ маълумоти ба асоси ҷавобгарии интизомии судя вобастабударо месанҷад ва аз ӯ баёноти хаттӣ талаб менамояд.
2. Ҳуқуқи оғоз кардани парвандаи интизомӣ ба инҳо дода шудааст:
- Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳамаи судяҳо, ба истиснои судяҳои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳамаи судяҳои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
 хориҷ карда шуд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328);
- раисони Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе нисбати раисон, муовинони онҳо, судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, ки мувофиқан дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ҷойгир мебошанд.
3. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия аз рӯии ҳамаи асосҳои дар моддаи 123 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда метавонад парвандаи интизомӣ оғоз намояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
4. Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе аз рӯйи ҳамаи асосҳои дар моддаи 123 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда метавонад парвандаи интизомӣ оғоз намояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
5. Раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе нисбати раисон, муовинон ва судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия бо асосҳои дар сархати якуми моддаи 123 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда метавонад парвандаи интизомӣ оғоз намояд.
6. Дар бораи оғоз намудани парвандаи интизомӣ Раисони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе қарор қабул мекунанд. Дар қарор асосҳои оғоз кардани парвандаи интизомӣ, ки ҳангоми санҷиши пешакӣ муайян шудааст, бояд нишон дода шаванд. Қарор бо маводи зарурӣ барои баррасӣ ба Коллегияи тахассусии судяҳои дахлдор фиристода мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
7. То ба Коллегияи тахассусӣ фиристодани парвандаи интизомӣ судяе, ки нисбати ӯ парвандаи интизомӣ оғоз карда шудааст, бояд бо он шинос карда шавад. Ҳамзамон судя ҳуқуқ дорад баёноти иловагӣ ё оид ба гузаронидани санҷиши иловагӣ дархост пешниҳод намояд.
Моддаи 126. Баррасии парвандаи интизомӣ
1. Парвандаи интизомӣ дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ аз рӯзи ба Коллегияи тахассусӣ ворид шудани он, бе ба ҳисоб гирифтани вақт оид ба талаби ҳуҷҷати иловагӣ, мавод ва парвандаҳои судӣ бояд баррасӣ шавад.
2. Муҳокимаи парвандаи интизомӣ дар маҷлиси Коллегияи тахассусӣ бо иштироки судяе, ки ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад ва дигар шахсони манфиатдор сурат мегирад. Коллегияи тахассусӣ ҳуқуқ дорад парвандаи интизомиро ҳангоми ҳозир нашудани шахсони зикргардидае, ки оид ба вақт ва маҳалли маҷлис огоҳонида шудаанд, баррасӣ намояд, агар сабабҳои ҳозир нашудани онҳоро узрнок эътироф накунад. Судяе, ки ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад ва дигар шахсони манфиатдор ҳуқуқ доранд ба таври хаттӣ ҳоҳиш намоянд, ки парванда бе иштироки онҳо баррасӣ гардад ва нусҳаи қарор ё хулоса ба онҳо ирсол карда шавад.
Моддаи 127. Татбиқ ва бардоштани ҷазои интизомӣ
1.Коллегияи тахассусии судяҳо вобаста ба парвандаи интизомӣ метавонад қарорҳои зеринро қабул намояд:
- дар бораи татбиқи ҷазои интизомӣ;
- дар бораи қатъ намудани парвандаи интизомӣ;
- дар бораи фиристодани мавод ба мақомот ё шахсони мансабдор, ки ҳуқуқи овардани пешниҳод дар бораи озод ё бозхонд намудани судяро доранд ё ин ки ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи оғози парвандаи ҷиноятӣ ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Дар ин маврид баррасии парвандаи интизомӣ боздошта мешавад.
2. Коллегияи тахассусӣ ҷазоҳои зерини интизомиро татбиқ менамояд:
- огоҳӣ;
- сарзаниш.
3. Ҳангоми татбиқи ҷазои интизомӣ хусусияти кирдор, вазнинӣ ва оқибати он, шахсияти судя ва дараҷаи гуноҳи ӯ ба инобат гирифта мешаванд. Муҷозоти интизомӣ бевосита баъди содир шудани кирдор аз тарафи судя, аммо на дертар аз як моҳи ошкоршудани содиршавии он, ба ғайр аз вақти санҷиши хизматӣ, бемории судя ё дар рухсатӣ будани ӯ татбиқ мегардад. Муҷозот баъди гузаштани шаш моҳи содиршавии кирдор аз тарафи судя татбиқ шуда наметавонад.
4. Коллегияи тахассусии судяҳо парвандаи интизомиро дар ҳолатҳои зерин қатъ менамояд:
- бинобар беасос оғоз намудани парвандаи интизомӣ нисбати судя;
- бинобар гузаштани мӯҳлати ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани судя, ки бо қисми 3 ҳамин модда пешбинӣ шудааст.
5. Нусхаи қарори Коллегияи тахассусии судяҳо оид ба парвандаи интизомӣ ба парвандаи шахсии судя ҳамроҳ карда мешавад.
6. Агар мақомот, шахси мансабдор, ки дар назди онҳо мувофиқи қарори Коллегияи тахассусӣ масъалаи аз вазифа озод намудан ё бозхонди судя ё ин ки оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ё ҳуқуқвайронкунии маъмур ӣ нисбати судя гузошта шудааст, асос наёбад, он гоҳ парвандаи интизомӣ ба Коллегияи тахассусӣ баргардонида мешавад ва Коллегия онро аз нав баррасӣ мекунад ва ё қатъ менамояд. Вақт аз рӯзи қабули қарори аввала то баргардонидани мавод ба мӯҳлати ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани судя, ки бо қисми 3 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, дохил карда намешавад.
7. Дар мавриди аз вазифа озод кардан ё бозхонд намудани судя, ё ин ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ё маъмурӣ кашидани ӯ баррасии парвандаи интизомӣ қатъ карда мешавад.
8. Агар дар муддати як сол аз рӯзи татбиқи чораи интизомӣ ба судя ҷазои нави интизомӣ татбиқ нагардад ва ё ҷазои интизомиаш бардошта шуда бошад, дар ин сурат ӯ ҷазои интизомӣ нагирифта ҳисобида мешавад.
9. Дар мавриди вазифаҳояшро бенуқсон ва бовиҷдонона иҷро намудани судя бо пешниҳоди шахси парвандаи интизомиро оғозкарда, ҳамчунин бо ташаббуси худи Коллегияи тахассусӣ ё ин ки бо тавсияи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллегияи тахассусии ҷазои интизомиро татбиқкарда, метавонад бо гузаштани на камтар аз шаш моҳи баъди татбиқи ҷазои интизомӣ онро пеш аз мӯҳлат бардорад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
БОБИ 13. МАБЛАҒГУЗОРИИ СУДҲО. ТАЪМИНИ МОДДӢ-ТЕХНИКӢ ВА ҲИМОЯИ ИҶТИМОИИ СУДЯҲО
Моддаи 128. Маблағгузории судҳо
1. Маблағгузорӣ, таъмини моддӣ-техникӣ ва дигар таъминоти судҳо, муҳофизат кардан ва нигоҳ доштани иморатҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгоҳи онҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ сурат мегирад.
2. Хароҷоти вобаста ба фаъолияти ҳар як суди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар буҷети ҷумҳуриявӣ дар сатри алоҳида пешбинӣ карда мешавад.
3. Андозаи маблағгузорӣ барои таъмини фаъолияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе мувофиқан бо пешниҳодҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
Моддаи 129. Музди меҳнати судя
1. Музди меҳнати судя аз маоши вазифавӣ, иловапулиҳо барои дараҷаи тахассусӣ ва собиқаи корӣ иборат аст.
2. Андозаи маоши вазифавиро барои раисони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони онҳо, судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
3. Андоза ва тартиби додани иловапулӣ барои дараҷаи тахассусӣ ва собиқаи кории судя аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
4. Ба судяи Суди ҳарбӣ аз рӯи интихоби ӯ иловапулӣ барои рутбаи ҳарбӣ ё дараҷаи тахассусӣ дода мешавад.
Моддаи 130. Рухсатии меҳнатии судя
1. Ба раисони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони якум ва муовинони онҳо, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 рӯзи тақвимӣ рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда дода мешавад.
2. Ба раисон, муовинони онҳо ва судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе 30 рӯзи тақвимӣ рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда дода мешавад.
3. Ба судяҳо ҳангоми доштани собиқаи корӣ аз рӯи касби ҳуқуқшиносӣ ба муддати зайл рухсатии иловагии пардохтшаванда дода мешавад:
- баъди 5 соли собиқаи корӣ - 3 рӯзи корӣ;
- баъди 10 соли собиқаи корӣ - 5 рӯзи корӣ;
- баъди 15 соли собиқаи корӣ -10 рӯзи корӣ;
- баъди 20 соли собиқаи корӣ - 15 рӯзи корӣ.
4. Бо хоҳиши судя рухсатӣ мумкин аст қисм-қисм дода шавад ва дар ин маврид давомнокии як қисми рухсатии додашуда набояд аз 14 рӯзи тақвимӣ кам бошад.
5. Судя ба рухсатии бемузд ба мӯҳлати то 60 рӯзи тақвимӣ ҳуқуқ дорад.
Моддаи 131. Кафолатҳои дигари моддӣ барои судя
1. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд на дертар аз шаш моҳи ба вазифа таъин ва интихоб шудани судя ё дар мавриди зарурати беҳтар намудани шароити манзилиаш барои вай бидуни навбат дар маҳалли воқеъгардидаи суд хонаи истиқоматӣ бо назардошти ҳуқуқи судя ба майдони иловагии зист дар ҳаҷми на камтар аз 20 метри мураббаъ ё дар шакли утоқи алоҳида муҳайё созанд.
2. Баъди ба охир расидани 10 соли кори судягӣ хонаи истиқоматии аз ҳисоби фонди давлатии манзил гирифтаи судя, ройгон ба моликияти ӯ дода мешавад. Ба судя ва аъзои оилааш 50 фоизи музди хонаи истиқоматӣ дар хонаҳои фонди давлатии манзил, инчунин 50 фоизи маблағи тамоми хизмати коммуналӣ (гармидиҳиии марказӣ, таъмини об ва ғайра) ва маблағи истифодаи телефон (ба ғайр аз гуфтугӯи байнишаҳрӣ) пардохт карда мешавад.
3. Бо ризоияти судя ба ӯ дар доираи имкониятҳои буҷети давлатӣ ба ҷои хонаи истиқоматӣ қарзи бефоиз аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои харидан ё сохтани манзил дода мешавад.
4. Хизматрасонии тиббӣ ба судя ва аъзои оилаи ӯ дар ҳамон муассисаи табобатӣ, ки то ба мансаби нави давлатӣ гузаштан ё гузаронидан ва ба истеъфо ё ба нафақа баромададш судя расонида мешуд, нигоҳ дошта мешавад.
5. Дар сурати озод кардан аз вазифа ва ё бозхонди судя аз рӯи асосҳое, ки дар сархатҳои даҳум ва понздаҳуми қисми 1 моддаи 18 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ гардидаанд, ба ӯ ва ё аъзои оилааш кӯмакпулии якдафъаина ба андозаи музди меҳнати панҷмоҳаи судя дода мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 20.04.2021 № 1772, аз 23.12.2021 № 1807).
6. Судя аз ҳуқуқи брон ва бе навбат гирифтани ҷой дар меҳмонхонаҳо, харидани чиптаҳо дар ҳамаи намудҳои нақлиёт истифода мебарад.
7. Ба судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба нафақа баромадан ба андозаи музди меҳнати семоҳа кӯмакпулии якдафъаина дода мешавад.
Моддаи 132. Тадбирҳои ҳимояи иҷтимоии судя ва аъзои оилаи ӯ
1. Ҳаёт ва саломатии судя аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи музди меҳнати ҳаштмоҳааш мавриди суғуртаи ҳатмии давлатӣ қарор мегирад.
2. Мақомоти суғуртаи давлатӣ дар чунин ҳолатҳо маблағи суғуртаро пардохт менамояд:
- дар сурати вафот кардани судя дар давраи кор, агар ин ҳодиса дар натиҷаи расидани зарари ҷисмонӣ ё дигар таъсири ҷисмонӣ ба саломатӣ, ки дар натиҷаи иҷрои вазифа ба амал омада бошад, ба аъзои оилааш - ба андозаи музди меҳнати ҳаштмоҳаи судя (Қонуни конст. ҶТ аз 20.04.2021 № 1772);
- дар сурати ҳангоми иҷрои вазифа маъюб шудани судя ё расидани зарари дигар ба саломатии ӯ, ки имконияти минбаъд ба фаъолияти касбӣ машғул шуданашро ғайриимкон мегардонад - ба андозаи музди меҳнати шашмоҳаи судя.
3. Дар сурати ҳангоми иҷрои вазифа маъюб шудан ё расидани зарари дигар ба саломатии судя, ки имконияти минбаъд ба фаъолияти касбӣ машғул шудани ӯро ғайриимкон мегардонад, ба судя фарқияти байни музди меҳнат ва нафақаи таъиншуда бе назардошти маблағе, ки аз суғуртаи давлатӣ гирифтааст, ҷубронпулии ҳармоҳа дода мешавад.
4. Дар сурати вафот кардани судя, аз он ҷумла судяе, ки дар натиҷаи зарари ҷисмонӣ ё дигар зараре, ки ҳангоми иҷрои вазифа ба саломатиаш расида ба истеъфо баромадааст, ба аъзои ғайри қобили меҳнати оилааш, ки дар таъминоти ӯ мебошанд, ҳар моҳ ба андозаи фарқияти қисми маоши судяи вафоткарда, ки барои онҳо рост меояд, нафақае, ки бинобар бе саробон мондан барои онҳо таъин шудааст, бидуни назардошти пардохте, ки аз суғуртаи давлатӣ гирифтааст, ҷубронпулӣ дода мешавад.
5. Товони зараре, ки ба молу мулки судя ё аъзои оилаи вай дар натиҷаи фаъолияти хизматӣ расидааст, ба ӯ ё ба аъзои оилааш дар ҳаҷми пурра пардохт карда мешавад.
6. Товони зараре, ки дар қисмҳои 3, 4 ва 5 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда мешавад.
7. Ҳуқуқи гирифтани бинои истиқоматии обод аз рӯи шартҳо ва асосҳое, ки дар вақти вафот кардани судя вуҷуд доштанд, барои оилаи ӯ нигоҳ дошта мешавад.
БОБИ 14. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 133. Мӯҳри судҳо
Судҳо дорои мӯҳр мебошанд, ки дар он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир ёфта, номи суд сабт карда мешавад.
Моддаи 134. Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар судҳо
1. Дар болои бинои суд Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар толору ҳуҷраҳои кории судяҳо Парчам ва тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.
2. Ҳангоми амалӣ намудани адолати судӣ судяҳо бо либоси махсус, ки намунаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, маҷлиси судӣ мегузаронанд.
Моддаи 135. Қароргоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Қароргоҳи доимии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе мебошад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).
2. Қароргоҳи судҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази воҳиди маъмурию ҳудудие мебошад, ки суди дахлдор дар ҳудуди он фаъолият мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 23.12.2021 № 1807).
Моддаи 136. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 137. Аз эътибор соқит донистани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001. №7, мод. 490; с. 2003, №12, мод. 685; с. 2004, №5, мод. 347; с.2006, №3, мод. 143; с. 2007, №7, мод. 651; с. 2008, №3, мод. 181; №6, мод. 443; №12, қ.1, мод. 982; с. 2010, №1, мод. 1; №12, қ. 1, мод.799; с. 2011, №7-8, мод. 604; №12, мод. 829; с. 2012, №7, мод. 683; №8. мод. 809; №12, қ. 1, мод.997; с. 2013. №3, мод. 176; №7, мод. 496; мод. 501) аз эътибор соқит дониста шавад. 
Моддаи 138. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии мазкур
Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                  Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе,
26 июли соли 2014 № 1084
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оиди қабул намудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва мавриди амал қарор додани он аз 13 июни соли 2001, № 328 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 492; с. 2003, №11, мод. 575; с. 2004, №4, мод. 273; с. 2006, №2, мод. 77; с. 2007, №6, мод. 512; с. 2008, №2, мод. 112; №4, мод. 323; №10, мод. 871; с. 2010, №1, мод. 51; №11, мод. 757; с. 2011, №6, мод. 519; №11, мод. 784; с. 2012, №4, мод. 308; №6, мод. 545; №11, мод. 940; с. 2013, №1, мод. 20; №3, мод. 215; №5, мод. 354) аз эътибор соқит дониста шаванд.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                           Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 4 июни соли 2014, № 1513
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                  М.Убайдуллоев
ш.Душанбе, 17 июли соли 2014, № 673
 

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 15/01/2020 - 11:40
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Рақам: 
1
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
19.04.2000
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, № 4, мод. 108; с. 2004, № 5, мод. 351; с. 2007, № 5, мод. 351; с. 2008, № 10, мод. 796; с. 2010, № 7, мод. 539, № 12, қ. 1, мод. 801; с. 2011, № 12, мод. 830; с. 2013, № 3, мод. 178, № 7, мод. 499; с. 2016, № 3, мод. 126, № 7, мод. 600; с. 2017, № 7-9, мод. 563)
(Қонуни конст. аз 17.05.2004 № 40, аз 12.05.2007 № 255, аз 06.10.2008 № 443, аз 21.07.2010 № 622, аз 29.12.2010 № 654, аз 26.12.2011 № 794, аз 19.03.2013 № 959, аз 22.07.2013 № 1011, аз 15.03.2016 № 1273, аз 23.07.2016 № 1323, аз 18.07.2017 № 1453, аз 25.06.2021 № 1798)
БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1.
Маҷлиси Олӣ - парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Маҷлиси Олӣ фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1323).
Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Моддаи 2.
Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.
Маҷлиси миллӣ аз 33 аъзо иборат буда, аз ҷумла 25 аъзои он ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегарданд. Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд. 8 нафар аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад. Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳуқуқ даст накашад. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил иборат аст, ки онҳо дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад.
Тартиби интихоби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
Моддаи 2(1).
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи, Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443, 23.07.2016 № 1323).
Моддаи 2(2).
Маҷлиси Олӣ фаъолияти худро дар асоси принсипҳои волоияти қонун, ҳокимияти халқ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, адолат, шаффофият, ошкорбаёнӣ ва дастаҷамъӣ ба роҳ мемонад(Қонуни конст. аз 25.06.2021 № 1798).
Моддаи 3.
Мӯҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар рӯзи оғози фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав қать мегардад.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон метавонад пеш аз мӯҳлат дар ҷаласаи якҷояи худ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ихтиёран пароканда шаванд.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар давраи вазъияти фавқулодда ва ҳолати ҷангӣ пароканда намешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Моддаи 4.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар шакли иҷлосияҳо, ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон доир мекунанд. Шӯрои Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Маҷлиси намояндагон, кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар шакли ҷаласаҳо амалӣ мегардонанд. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои дар салоҳияти онҳо буда муҳокимаҳои парламентӣ доир мекунанд.
Мақомоти ҳамоҳангсозандаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар алоҳидагӣ ҷаласа мегузаронанд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Тартиби фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, мақомот, аъзо ва вакилони онҳоро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин қонуни конститутсионӣ, дигар қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Дастури Маҷлиси миллӣ ва Дастури Маҷлиси намояндагон муқаррар мекунанд.
Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи якҷоя, Дастури Маҷлиси миллӣ ва Дастури Маҷлиси намояндагон аз ҷониби ҳар як Маҷлис дар ҷаласаҳои онҳо қабул карда мешавад (Қонуни конст. аз 25.06.2021 № 1798).
Ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва иҷлосияҳои онҳо бо хондани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшода ва пӯшида мешаванд(Қонуни конст. аз 25.06.2021 № 1798).
Моддаи 5.
Дар давраи байни иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми зарурат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияҳои ғайринавбатии онҳоро даъват менамояд.
Дар ин иҷлосияҳо танҳо он масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки боиси даъвати ин иҷлосияҳо гардидаанд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Моддаи 6.
Дар иҷлосияҳо, ҷаласаҳои якҷоя ва алоҳидаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумат, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионӣ, Раиси Суди Олӣ, Раиси Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон иштирок карда метавонанд (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443, аз 26.12.2011 № 794, аз 22.07.2013 № 1011, аз 15.03.2016 № 1273, аз 23.07.2016 № 1323).
Моддаи 7.
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба амри интихобкунандагон тобеъ набуда, ҳуқуқ дорад фикри худро озодона изҳор намояд, мувофиқи ақидаҳои худ овоз диҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443, аз 22.07.2013 № 1011).
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад, ӯро ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷои содири ҷиноят (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунин мавриди кофтукови (азназаргузаронии) шахсӣ қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст.
Масъалаи маҳрум намудани дахлнопазирии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Прокурори генералӣ аз ҷониби Маҷлиси дахлдор ҳал карда мешавад.
Ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми ба охир расидани мӯҳлати ваколат, вафот, истеъфо, ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз ҷониби суд, эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд, қатъи шаҳрвандӣ, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар, тарки доимии ҷумҳурӣ, ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқ нест, ба вазифаи дигар таъин намудани вакили Маҷлиси намояндагон, парокандашавии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қатъ мегардад (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40, аз 06.10.2008 № 443, аз 22.07.2013 № 1011, аз 23.07.2016 № 1323).
Вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Моддаи 8.
Шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба узви Маҷлиси миллӣ ё вакили Маҷлиси намояндагон дар бобати амалӣ гардонидани ваколатҳояшон халал мерасонанд, ба ҳаёт, саломатӣ, шаъну шарафи онҳо ҳамчун намояндагони халқ суиқасд мекунанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443, аз 22.07.2013 № 1011).
Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад бо силоҳ ба бинои Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон ворид шавад, ба истиснои онҳое, ки чунин ҳуқуқро доранд (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
БОБИ 2. ҶАЛАСАҲОИ ЯКҶОЯИ МАҶЛИСИ МИЛЛӣ ВА МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 9.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҳолатҳои пешбининамудаи Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои якҷоя мегузаронанд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1323).
Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати навро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамояд.
Ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон бо навбат даъват менамоянд ва ба он раисӣ мекунанд. Тартиби даъват ва гузаронидани ҷаласаи якҷояро Қонуни конститутсионии мазкур ва Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон муқаррар менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40, аз 25.06.2021 № 1798).
Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳамон вақт салоҳиятнок аст, агар дар кори он на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилони онҳо ҳузур дошта бошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40, аз 22.07.2013 № 1011).
Ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ошкоро гузаронида мешаванд. Дар мавридҳои пешбиникардаи қонун ва Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мумкин аст ҷаласаҳои пӯшида низ гузаронида шаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1323).
Моддаи 10.
Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя:
1. Тасдиқи фармони Прзидент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат;
2. Тасдиқи фармони Президент дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулодда;
3. Ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз аз ҳудуди он барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон;
4. Таъини интихоботи Президент;
5. Қабули истеъфои Президент;
6. Сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаи олии ҳарбӣ;
7. Баррасии масъалаи дахлнопазирии Президент.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷояи худ аз рӯи масъалаҳои зикршудаи салоҳияташон қарор қабул мекунанд. Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муқаррар накарда бошад.
Дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунад ва бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Моддаи 11.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи якҷоя на дертар аз ду моҳи то ба охир расидани мӯҳлати ваколатҳои Президент интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъин мекунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1323).
Дар сурати пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати се моҳ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Моддаи 12.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи якҷоя дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколатҳои Президент ҳангоми вафот, истеъфо ва ғайри қобили амал донистани ӯ қарор қабул мекунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40, аз 06.10.2008 № 443).
Ваколатҳои Президент дар ҳолате ки ӯ дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар бораи ба истеъфо баромаданаш хабар медиҳад, бо тарафдории аксарияти аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қатъ карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Дар ҳолатҳои зикршуда дар мӯҳлати се моҳ интихоботи Президент гузаронида мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Дар сурате, ки Президент бинобар беморӣ вазифаҳои худро иҷро карда натавонад, ҳар ду Маҷлис дар ҷаласаи якҷояи худ дар асоси хулосаи комиссияи тиббии давлатии ташкил кардаашон дар бораи пеш аз мӯҳлат аз мансаб озод намудани Президент бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои шумораи умумии аъзо ва вакилони ҳар яке аз Маҷлисҳо қарор қабул мекунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Моддаи 13.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи якҷояи худ дар асоси хулосаи Суди конститутсионӣ барои аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат қарор кабул менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Қарор дар бораи аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат бо овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қабул карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Масъалаи айбдор кардани Президент ба содир кардани хиёнат ба давлат бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 14.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон масъалаҳои муҳим ва заруриеро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, баррасӣ мекунанд.
Моддаи 15.
Тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунанд.
Моддаи 16.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷоя дар доираи ваколатҳои худ қарорҳо қабул мекунанд.
Қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо аксарияти овозҳои шумораи умумии аъзо ва вакилон қабул карда мешаванд, агар Конститутсия тартиби дигари қабули қарорҳоро муқаррар накарда бошад.
Қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори ҳатмӣ доранд.
БОБИ 3. МАҶЛИСИ МИЛЛӣ
Моддаи 17.
Фаъолияти Маҷлиси миллӣ дар шакли иҷлосия сурат мегирад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми як моҳи баъди интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ даъват мекунад.
Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллиро узви синну солаш калонтарин мекушояд ва онро то интихоб шудани Раиси Маҷлиси миллӣ мебарад (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1323).
Иҷлосияи Маҷлиси миллиро Раиси Маҷлиси миллӣ соле на камтар аз чор маротиба даъват менамояд. Тартиби даъват ва гузаронидани иҷлосияро Қонуни конститутсионии мазкур ва Дастури Маҷлиси миллӣ муқаррар менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40, аз 25.06.2021 № 1798). 
Ҷаласаи Маҷлиси миллӣ салоҳиятнок аст, агар дар кори он на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои он иштирок намоянд.
Ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ошкоро гузаронида мешаванд, дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунҳо ва Дастури Маҷлиси миллӣ мумкин аст ҷаласаҳои пӯшида низ гузаронида шаванд.
Моддаи 18.
Узви Маҷлиси миллӣ наметавонад вакили зиёда аз ду мақоми намояндагӣ бошад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Моддаи 19.
Салоҳияти Маҷлиси миллӣ:
1. Таъсис, барҳам додан ва тағйир додани сарҳади воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, муқаррар намудан ва ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурии онҳо, мансуб донистан ва тағйир додани мансубияти маҳалҳои аҳолинишин ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа, номгузорӣ ва номивазкунии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин (Қонуни конст. ҶТ аз 19.03.2013 № 959, аз 25.06.2021 № 1798);
2. Интихоб ва бозхонди Раис, муовини якум, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443);
3. Ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовини якум, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443);
4. Ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ, муовини якум ва муовинони ӯ (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443);
5. Интихоби Намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дигар мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конст. ҶТ аз 19.03.2013 № 959, аз 23.07.2016 № 1323);
6. Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.
Маҷлиси миллӣ аз рӯи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси миллӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои он қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муқаррар накарда бошад (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Иҷрои қарорҳои Маҷлиси миллӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ аст (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443, аз 23.07.2016 № 1323).
Моддаи 20.
Маҷлиси миллӣ соле як маротиба ё аз рӯи зарурат ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҳолати назорат ба иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешунавад (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1323).
Моддаи 21.
Маҷлиси миллӣ қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳоро дар сурати ба Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқат накардани онҳо бекор мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Маҷлиси миллӣ ҳуқуқ дорад маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳоро дар сурати талаботи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро мунтазам иҷро накардани онҳо пароканда кунад (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011, аз 23.07.2016 № 1323).
Моддаи 22.
Хориҷ карда шудааст (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Моддаи 23.
Маҷлиси миллӣ аз ҷумлаи аъзои худ ба мӯҳлати ваколатҳояш Раиси Маҷлиси миллиро бо овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои худ интихоб мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Раиси Маҷлиси миллӣ дар назди Маҷлиси миллӣ ҳисоботдиҳанда мебошад ва метавонад бо овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ бозхонда шавад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Масъалаи бозхонди Раиси Маҷлиси миллиро камаш аз се як ҳиссаи аъзои он ба миён мегузоранд.
Агар ин таклифро аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намояд, дар ин маврид масъалаи бозхонди Раиси Маҷлиси миллӣ ба овоздиҳии пинҳонӣ монда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Раиси Маҷлиси миллӣ ҳуқуқ дорад ба истеъфо барояд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
Моддаи 24.
Салоҳияти Раиси Маҷлиси миллӣ:
1) иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва дар навбати худ ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро даъват мекунад ва ба онҳо раисӣ мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443);
2) ба Маҷлиси миллӣ номзадии муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ ва номзадии Роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллиро пешниҳод менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40);
3) қонунҳои ҷонибдорикардаи Маҷлиси миллиро барои имзо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад (Қонуни конст. аз 25.06.2021 № 1798);
4) ба қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Маҷлиси миллӣ имзо мегузорад;
5) ба Маҷлиси миллӣ номзадии Намояндаи Маҷлиси миллиро дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дигар мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 19.03.2013 № 959, аз 23.07.2016 № 1323);
6) Маҷлиси миллиро дар дохил ва хориҷи кишвар намояндагӣ мекунад;
7) ба созишномаҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ имзо мегузорад(Қонуни конст. аз 25.06.2021 № 1798);
8) ба Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ роҳбарӣ мекунад;
9) ваколатҳои дигареро, ки дар Конститутсия, ҳамин қонуни конститутсионӣ, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури Маҷлиси миллӣ муайян шудаанд, амалӣ мегардонад.
Барои амалӣ намудани ваколатҳои худ Раиси Маҷлиси миллӣ қарор қабул мекунад ва амр медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Моддаи 25.
Ҳангоми вафот, истеъфо ва ғайри қобили амал донистани Президент вазифаи ӯ то ба вазифааш шурӯъ намудани Президенти нав ба зиммаи Раиси Маҷлиси миллӣ мегузарад. Дар ин маврид ваколати Раиси Маҷлиси миллӣ ба зиммаи муовини якум ӯ мегузарад (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Моддаи 26.
Муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҷумлаи аъзои Маҷлиси миллӣ ба мӯҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ интихоб мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40, аз 06.10.2008 № 443).
Яке аз муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҳисоби намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интихоб мешавад.
Раиси Маҷлиси миллӣ самтҳои фаъолияти муовини якум ва муовинони худро муайян мекунад. Дар доираи салоҳияти худ муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ ҳуқуқ доранд ба воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ роҳбарӣ намоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Дар сурати набудани Раиси Маҷлиси миллӣ вазифаҳои ӯро бо супориши вай муовини якуми Раиси Маҷлиси миллӣ иҷро мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ бозхонд шуда метавонанд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ ҳуқуқи ба истеъфо рафтан доранд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Моддаи 27.
Шӯрои Маҷлиси миллӣ мақоми ҳамоҳангсоз ва ҳисоботдиҳандаи Маҷлиси миллӣ буда, мутобиқи Конститутсия, ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва Дастури Маҷлиси миллӣ фаъолият мекунад.
Ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси миллӣ Раиси Маҷлиси миллӣ, муовини якум ва муовинони ӯ, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ дохил мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Ба Шӯрои Маҷлиси миллӣ Раиси Маҷлиси миллӣ сарварӣ менамояд.
Ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллиро Раиси Маҷлиси миллӣ аз рӯи зарурат даъват менамояд ва он дар сурати ҳозир будани зиёда аз нисфи ҳайати умумии Шӯро босалоҳият ҳисоб меёбад.
Шӯрои Маҷлиси миллӣ дар доираи салоҳияти худ қарор қабул мекунад. Қарори Шӯрои Маҷлиси миллӣ бо тарафдории аксарияти шумораи ҳайаташ қабул карда мешавад. Шӯрои Маҷлиси миллӣ метавонад қарорро ба тариқи пурсиш қабул намояд (Қонуни конст. аз 25.06.2021 № 1798).
Қарорҳои Шӯрои Маҷлиси миллӣ, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва қарорҳои Маҷлиси миллӣ мухолифат менамоянд, бо қарори Шӯрои Маҷлиси миллӣ ё қарори Маҷлиси миллӣ бекор карда мешаванд (Қонуни конст. аз 25.06.2021 № 1798).
Моддаи 28.
Салоҳияти Шӯрои Маҷлиси миллӣ:
1) ташкили тайёрии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ;
2) таҳия кардани лоиҳаи рӯзнома ва тартиби кори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ;
3) мураттаб сохтани фаъолияти кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ;
4) таъмини ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагон, Шӯрои Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдо (Қонуни конст. аз 25.06.2021 № 1798);
5) ташкили банақшагирии корҳои вобаста ба фаъолияти Маҷлиси миллӣ;
6) пешакӣ баррасӣ намудани қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон қабул кардааст ва дигар санадҳо;
7) таҳлили таклифу эрод ва дархости аъзои Маҷлиси миллӣ, ки дар иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ баён кардаанд ва аз рӯи онҳо қабул намудани қарорҳои дахлдор(Қонуни конст. аз 25.06.2021 № 1798);
8) ташкили робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ;
9) таъмини назорати иҷрои қарорҳои Маҷлиси миллӣ;
10) ба амал баровардани ваколатҳои вобаста ба фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва аз ҷониби аъзои он самарабахш ба ҷо овардани ваколатҳое, ки Конститутсия, ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва Дастури Маҷлиси миллӣ муайян намудаанд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1323).
Моддаи 29.
Маҷлиси миллӣ кумитаҳо ва комиссияҳои дахлдори худро таъсис медиҳад.
Номгӯй ва ҳайати кумитаҳо ва комиссияҳоро Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ муайян мекунад.
Узви Маҷлиси миллӣ метавонад узви танҳо як кумита бошад. Ҳангоми ташкилдиҳии ҳайати онҳо розигии узви Маҷлиси миллӣ ба назар гирифта мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Моддаи 30.
Ба ҳайати кумита ва комиссия Раиси Маҷлиси миллӣ ва муовинони ӯ интихоб шуда наметавонанд.
Моддаи 31.
Кумитаҳо ва комиссияҳоро Маҷлиси миллӣ дар ҳайати раисон ва аъзои кумитаҳо ва комиссияҳо интихоб мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ ба мӯҳлати салоҳияташон бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ бо овоздиҳии кӯшод бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди раисони кумитаҳо ва комиссияҳо муовинони раиси кумитаҳо ва комиссияҳоро интихоб мекунанд.
Раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ бозхонд шуда метавонанд.
Раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ ҳуқуқ доранд ба истеъфо раванд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
Моддаи 32.
Салоҳияти кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ, тартиби фаъолияти онҳо бо Дастури Маҷлиси миллӣ муайян карда мешаванд.
Моддаи 33.
Маҷлиси миллӣ ҳангоми зарурат комиссияҳои муваққатӣ таъсис медиҳад.
Салоҳият ва тартиби фаъолияти комиссияҳои муваққатӣ аз тарафи Маҷлиси миллӣ ҳангоми таъсис ёфтанашон муайян карда мешаванд.
БОБИ 4. МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
Моддаи 34.
Фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар шакли иҷлосия сурат мегирад.
Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагонро дар давоми як моҳи баъди интихоби вакилони Маҷлиси намояндагон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунад.
Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагонро вакили синну солаш калонтарин мекушояд ва то интихоб шудани Раиси Маҷлиси намояндагон онро мебарад.
Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон дар як сол як маротиба аз рӯзи аввали кории моҳи октябр то рӯзи охирини кории моҳи июни соли минбаъда гузаронида мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 654).
Ҷаласаи Маҷлиси намояндагон салоҳиятнок аст, агар дар кори он на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони он иштирок кунанд.
Ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ошкоро гузаронида мешаванд, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳо ва Дастури Маҷлиси намояндагон, ҷаласаҳои пӯшида низ гузаронда мешаванд.
Моддаи 35.
Вакили Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар асоси касбии доимӣ иҷро мекунад.
Вакили Маҷлиси намояндагон наметавонад вакили дигар мақомоти намояндагӣ бошад, вазифаи дигареро иҷро кунад, фаъолияти соҳибкорӣ намояд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Моддаи 36.
Салоҳияти Маҷлиси намояндагон:
1. Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди Раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;
2. Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ;
3. Тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
4. Ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;
5. Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;
6. Таъини раъйпурсӣ;
7. Таъсиси судҳо;
8. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ;
9. Тасдиқи мукофотҳои давлатӣ;
10. Тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 654, аз 22.07.2013 № 1011);
11. Ризоият барои таъин намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443);
12. Ризоият барои таъин намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак (Қонуни конст. ҶТ аз 15.03.2016 № 1273);
13. Муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443);
14. Муайян намудани маоши Президент (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443);
15. Ташкил ва гузаронидани муҳокимаҳои парламентӣ;
16. Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷиқистон, муовини ӯ ва сараудиторони Палатаи ҳисоб бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011);
17. Интихоби Намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 654, аз 22.07.2013 № 1011, аз 23.07.2016 № 1323);
18. Баррасии масъалаи маҳрум кардан аз ҳуқуқи дахлнопазирии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ӯ ва сараудиторони Палатаи ҳисоб (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 654, аз 22.07.2013 № 1011);
19. Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муайян накарда бошад.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ӯ ва сараудиторони Палатаи ҳисоб пас аз таъин шудан ба вазифа дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011, аз 23.07.2016 № 1323).
Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон роҳбарони давлатҳои хориҷӣ метавонанд суханронӣ кунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Моддаи 37.
Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунро дар бораи буҷети давлатӣ қабул мекунад ва иҷрои буҷети давлатиро назорат мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳар сол то якуми ноябр ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1323).
Қонун дар бораи буҷети давлатӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ, ки Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, дар муддати понздаҳ рӯз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имзо ва интишор пешниҳод мешавад.
Агар Президент ба қонун ё қисми он розӣ набошад, қонунро дар муддати понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад. Дар сурати баррасии такрорӣ қонун дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёбад, Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Маҷлиси намояндагон хулосаи аудитории Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳисоботи солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ барои соли гузашта, ҳисоботи ҷамъбастии Палатаи ҳисоб оид ба фаъолияти аудиториро баррасӣ менамояд ва ҳисоботи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва дигар мақомоти давлатиро бо мақсади назорати иҷрои буҷети давлатӣ мешунавад (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 654, аз 22.07.2013 № 1011).
Моддаи 38.
Хориҷ карда шудааст ((Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Моддаи 39.
Барои ташкили фаъолияти Маҷлиси намояндагон аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ӯ интихоб мешаванд, кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон таъсис дода мешавад, раисони онҳо интихоб мегарданд, Шӯрои Маҷлиси намояндагон таъсис меёбад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443, аз 23.07.2016 № 1323).
Моддаи 40.
Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаҳои муҳокимашаванда дар доираи ваколатҳои худ қарорҳо қабул мекунад ва иҷрои онҳоро назорат менамояд.
Иҷрои қарорҳои Маҷлиси намояндагон дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ аст (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1323).
Моддаи 41.
Маҷлиси намояндагон аз ҳисоби вакилони худ ба мӯҳлати ваколаташ Раиси Маҷлиси намояндагонро бо овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон интихоб мекунад.
Раиси Маҷлиси намояндагон дар назди Маҷлиси намояндагон ҳисоботдиҳанда мебошад ва метавонад бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон бо овоздиҳии пинҳонӣ бозхонда шавад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Масъалаи бозхонди Раиси Маҷлиси намояндагон аз тарафи на камтар аз се як ҳиссаи вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад.
Дар ҳолати таклифи мазкурро дастгирӣ кардани аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон масъала дар бораи бозхонди Раиси Маҷлиси намояндагон ба овоздиҳии пинҳонӣ гузошта мешавад.
Раиси Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ дорад ба истеъфо равад (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
хориҷ карда шуда (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1453).
Моддаи 42.
Салоҳияти Раиси Маҷлиси намояндагон:
1) ба мураттабсозии масъалаҳое, ки дар иҷлосия ва ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ва ҷаласаҳои Шӯрои он баррасӣ мешаванд, роҳбарӣ мекунад;
2) ба иҷлосия ва ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ва ҷаласаҳои Шӯрои он раисӣ мекунад;
3) ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро дар навбати худ даъват намуда, ба он раисӣ мекунад:
4) номзадии муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон, раисони кумитаю комиссияҳои, Маҷлиси намояндагон ва роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
5) қонун дар бораи авф ва қонун дар бораи буҷети давлатиро, ки Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, барои имзо ва интишор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
6) қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагонро барои ҷонибдорӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мекунад;
7) ба қарорҳои Маҷлиси намояндагон ва қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон имзо мегузорад;
8) номзадии Намояндаи Маҷлиси намояндагонро дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011, аз 23.07.2016 № 1323);
9) Маҷлиси намояндагонро дар дохил ва хориҷи кишвар намояндагӣ мекунад;
10) ба созишномаҳои байнипарламентии Маҷлиси намояндагон имзо мегузорад;
11) ҳангоми зарурат ҷаласаҳои ғайринавбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагонро даъват мекунад;
12) мӯҳлати баррасии лоиҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузориро тамдид менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011);
13) ваколатҳои дигареро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур, дигар қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, амалӣ мекунад (Қонуни конст. ҶТ 23.07.2016 № 1323).
Раиси Маҷлиси намояндагон дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар давраи иҷлосияи гузашта ва дар бораи лоиҳаи барномаи кори қонунгузории Маҷлиси намояндагон барои иҷлосияи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагон гузориш медиҳад. Аз рӯи гузориши Раиси Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси намояндагон метавонад қарор қабул кунад.
Раиси Маҷлиси намояндагон дар доираи салоҳияти худ қарор қабул мекунад ва амр медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 654).
Моддаи 43.
Муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон аз ҷумлаи вакилони Маҷлиси намояндагон ба мӯҳлати ваколати Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон интихоб карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Тартиби интихоби муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон бо Дастури Маҷлиси намояндагон муайян карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Раиси Маҷлиси намояндагон самтҳои фаъолияти муовини якум ва муовинони худро муайян менамояд. Муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ доранд ба воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон роҳбарӣ намоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40, аз 22.07.2013 № 1011).
Дар сурати набудани Раиси Маҷлиси намояндагон вазифаҳои ӯро бо супориши Раиси Маҷлиси намояндагон муовини якум иҷро мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон метавонанд бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон бозхонда шаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд ба истеъфо раванд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40, ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
Моддаи 44.
Шӯрои Маҷлиси намояндагон мақоми ҳамоҳангсоз, ҳисоботдиҳандаи Маҷлиси намояндагон буда, мутобиқи Конститутсия, ҳамин қонуни конститутсионӣ ва Дастури Маҷлиси намояндагон фаъолият мекунад.
Моддаи 45.
Ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагон Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ӯ, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон дохил мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Маҷлиси намояндагон метавонад ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагон вакилони дигарро низ интихоб намояд.
Ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон Раиси Маҷлиси намояндагон сарварӣ менамояд.
Ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагонро Раиси Маҷлиси намояндагон аз рӯи зарурат, вале камаш моҳе як бор даъват менамояд ва он дар сурати ҳозир будани зиёда аз нисфи ҳайати умумии Шӯро босалоҳият ҳисоб меёбад.
Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар доираи салоҳияти худ қарор қабул мекунад. Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи ҳайаташ қабул карда мешавад.
Қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки ба Конститутсия, қонунҳо ва қарорҳои Маҷлиси намояндагон мухолифат менамоянд, Маҷлиси намояндагон онҳоро бекор мекунад.
Моддаи 46.
Салоҳияти Шӯрои Маҷлиси намояндагон:
1) ташкили тайёрии ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ва банақшагирии корҳои марбут ба тартиб додани лоиҳаи қонунҳо;
2) баррасии масъалаҳои даъват намудани ҷаласаҳои ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон, кумитаҳо, комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, аз се як ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон;
3) таҳияи лоиҳаи рӯзнома ва тартиби кори ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон;
4) ҳамоҳангсозии фаъолияти кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон;
5) муайян намудани кумитаи масъул оид ба омода кардани лоиҳаи қонун барои баррасӣ дар Маҷлиси намояндагон, ки субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод кардааст. Фиристодани лоиҳаҳо барои баррасӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, дар сурати зарурат ба дигар субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва муайян намудани мӯҳлати тайёр кардани хулоса, пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонун ва дигар санадҳо;
6) фиристодани лоиҳаи қонун ва маводи ба он вобаста, ки кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон барои баррасии Маҷлиси намояндагон тайёр кардааст, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ки ба Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро пешниҳод намудаанд, дар мӯҳлатҳои муқарраркардаи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) таъмини баррасии пешакии лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳо;
8) пас гардонидани лоиҳаи қонуни пешниҳодкардаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар сурати мухолифати он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конст. ҶТ 23.07.2016 № 1323);
9) қабули қарор дар бораи муҳокимаи парламентӣ;
10) қабули қарори дахлдор оид ба пешниҳоду эрод ва дархости вакилон, ки дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон изҳор шудаан(Қонуни конст. аз 25.06.2021 № 1798);
11) ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои он, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор;
12) ташкили робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси намояндагон;
13) таъмини назорати иҷрои қарорҳои Маҷлиси намояндагон;
14) таъсис додани комиссияҳо вобаста ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд;
15) пешниҳод ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сарфарозгардонии вакили Маҷлиси намояндагон ва корманди Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо мукофоти давлатӣ, рутба ва унвони махсус;
16) татбиқи ваколатҳои дигар вобаста ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, Қонуни конститутсионии мазкур, дигар қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд (Қонуни конст. ҶТ 23.07.2016 № 1323).
Шӯрои Маҷлиси намояндагон қарор қабул мекунад ва ба он Раиси Маҷлиси намояндагон имзо мегузорад. Ҳангоми набудани Раиси Маҷлиси намояндагон ба қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон раисикунандаи ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон имзо мегузорад. Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва мақомоти дахлдор фиристода мешавад.
Қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва қарорҳои Маҷлиси намояндагон мухолифат менамоянд, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон ё қарори Маҷлиси намояндагон бекор карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 654, аз 23.07.2016 № 1323).
Моддаи 47.
Маҷлиси намояндагон кумитаю комиссияҳои дахлдори худро таъсис медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1323).
Номгӯй ва шумораи ҳайати кумитаю комиссияҳоро бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон Маҷлиси намояндагон муайян мекунад.
Вакили Маҷлиси намояндагон узви танҳо як кумита ва дар як вақт метавонад узви комиссияи доимӣ ва ё муваққатии Маҷлиси намояндагон интихоб шавад. Ҳангоми муайян кардани ҳайати шахсии кумитаю комиссияҳо розигии вакили Маҷлиси намояндагон ба инобат гирифта мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.07.2010 № 622).
Моддаи 48.
Ба ҳайати кумита ва комиссия Раиси Маҷлиси намояндагон ва муовини якум ва муовинони ӯ интихоб шуда наметавонанд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Моддаи 49.
Маҷлиси намояндагон кумитаю комиссияҳоро дар ҳайати раисон ва аъзои кумитаю комиссияҳо интихоб мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Раисони кумитаю комиссияҳоро Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон аз ҳисоби аъзои кумита ва комиссияҳои дахлдор бо овоздиҳии кушод бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон ба мӯҳлати салоҳияташ интихоб менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40, аз 22.07.2013 № 1011).
Кумитаю комиссияҳои Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди раисони кумитаю комиссияҳо муовинони раис ва котибони кумитаю комиссияҳоро интихоб мекунанд.
Раисони кумитаю комиссияҳо бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон бозхонд шуда метавонанд.
Раисони кумитаҳою комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд ба истеъфо раванд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
Моддаи 50.
Салоҳияти кумитаю комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, тартиби фаъолияти онҳо бо Дастури Маҷлиси намояндагон муайян карда мешавад.
Моддаи 51.
Маҷлиси намояндагон ҳангоми зарурат, барои ҳалли масъалаҳои мушаххас комиссияҳои муваққатӣ таъсис медиҳад.
Салоҳият ва тартиби фаъолияти комиссияҳои муваққатиро Маҷлиси намояндагон ҳангоми таъсис ёфтанашон муайян мекунад.
Моддаи 52.
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои изҳори дастаҷамъонаи ақидаҳои сиёсии худ, амалӣ гардонидани барномаҳо ва ҳадафҳои пешазинтихоботӣ ҳуқуқ доранд дар фраксияву гурӯҳҳо муттаҳид шаванд.
Вакили Маҷлиси намояндагон метавонад танҳо аъзои як гурӯҳ ё як фраксия бошад.
Вакилони Маҷлиси намояндагон новобаста ба иштирокашон дар фаъолияти ягон мақомоти Маҷлиси намояндагон метавонанд аъзои фраксияву гурӯҳҳо бошанд.
Фраксияву гурӯҳҳои вакилони Маҷлиси намояндагон мақомоти Маҷлиси намояндагон намебошанд. Вакилони Маҷлиси намояндагон ба ин фраксияву гурӯҳҳо озодона дохил шуда, аз онҳо хориҷ мегарданд ва ҳангоми ба амал баровардани ваколатҳои вакилиашон ба қарорҳои фраксияву гурӯҳҳои мазкур вобаста намебошанд.
Моддаи 53.
Фраксия ё гурӯҳ камаш аз панҷ вакили Маҷлиси намояндагон ташкил меёбад. Дар хусуси ташкил, ҳайат, ҳадафу вазифаҳои фраксия ё гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон ба Комиссияи назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон хаттӣ хабар дода, дигар вакилони Маҷлиси намояндагон низ воқиф гардонда мешаванд. Хабарномаро бояд роҳбари фраксия ё гурӯҳ имзо кунад.
БОБИ 5. ФАЪОЛИЯТИ ҚОНУНГУЗОРӢ
Моддаи 54.
Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар шакли пешниҳоди лоиҳаи қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё аз эътибор соқит донистани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар шакли пешниҳоди хаттӣ дар бораи қабул кардани қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (таклифҳои қонунгузорӣ) амалӣ карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
Моддаи 55.
Мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ надоранд, лоиҳаи қонунҳо ё таклифҳои қонунгузориро метавонанд ба воситаи мақомоте, ки ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд ё ба воситаи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намоянд.
Моддаи 56.
Лоиҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузорӣ ба Маҷлиси намояндагон ба тариқи амалигардонии ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
Лоиҳаи қонунро дар бораи авф Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад.
Лоиҳаи қонунҳоро дар бораи буҷет, оид ба муқаррар ва бекор кардани андоз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
Лоиҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузории ба Маҷлиси намояндагон воридшударо Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба кумитаю комиссияҳои дахлдор ё дигар мақомот барои муҳокимаи пешакӣ, пешниҳоди хулоса ва таҳияи масъала ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагон мефиристад(Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
Моддаи 57.
Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунҳо ё таклифҳои қонунгузориро мутобиқи Конститутсия, ҳамин қонуни конститутсионӣ, қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ менамояд ва қарор қабул мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Моддаи 58.
Маҷлиси намояндагон ҳокимияти қонунгузориро амалӣ намуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии зеринро қабул мекунад:
- қонунҳои конститутсионӣ;
- кодексҳо;
- қонунҳо;
- қарорҳо (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
Моддаи 59.
Қонунҳоро Маҷлиси намояндагон қабул менамояд. Қонун бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигарро Конститутсия муқаррар накарда бошад.
Қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон қабул намудааст, ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мешаванд, ба истиснои қонунхо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф. Қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40, аз 22.07.2013 № 1011).
Маҷлиси миллӣ қонунро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад. Дар мавриди дастгирӣ наёфтани қонун аз ҷониби Маҷлиси миллӣ қонун такроран дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ мешавад.
Дар сурати бо қарори Маҷлиси миллӣ норозӣ будани Маҷлиси намояндагон, қонун ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд.
Моддаи 60.
Қонунҳои конститутсионӣ оид ба масъалаҳое қабул мешаванд, ки Конститутсия муайян намудааст. Қонунҳои конститутсионӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мегарданд ва Маҷлиси миллӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад.
Дар сурати бо қарори Маҷлиси миллӣ норозӣ будани Маҷлиси намояндагон, қонуни конститутсионӣ ҳамон вақт қабул шуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран ба тарафдории на камтар аз чор се ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1323).
Моддаи 61.
Тафсири Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тартибе, ки барои қонунҳои конститутсионӣ муқаррар шудааст баррасӣ намуда, дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул ва ҷонибдорӣ мекунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011, аз 23.07.2016 № 1323).
Моддаи 62.
Қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон ва ҷонибдорикардаи Маҷлиси миллӣ дар давоми як ҳафта барои имзо ва интишор ба Президент фиристода мешаванд.
Агар Президент бо қонун ё қисми он розӣ набошад, қонунро дар давоми понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрорӣ қонун дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёбад. Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.
Ҳангоми баррасии қонуни аз тарафи Президент баргардонидашуда, ки онро пештар Маҷлиси намояндагон бо аз се ду ҳиссаи овозҳо қабул намуда буд, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қонунро такроран бо аксарияти на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо тарафдорӣ мекунанд.
Агар Президент Қонуни конститутсиониро баргардонад, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрорӣ қонуни конститутсионӣ дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз чор се ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ шавад, Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонуни конститутсионӣ имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.
БОБИ 6. ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ МАҶЛИСИ МИЛЛӣ, МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 63.
Хизматрасонии иттилоотӣ, ташкилию техникӣ ва хизматрасонии дигари Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва мақомоти онҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон таъмин менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон шахсони ҳуқуқӣ, мақомоти кории Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мебошанд. Низомномаи Дастгоҳ ва сохтори он, рӯйхати кормандони онро мувофиқан Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон тасдиқ менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1323).
Роҳбарони Дастгоҳҳо дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мутаносибан бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон таъин карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Муносибатҳои меҳнатии кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба муддати салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон вобастагӣ надорад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Моддаи 64.
Фаъолияти моддию техникӣ ва дигар фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла хароҷоти вобаста ба узвияти онҳо дар Созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавии парламентӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ таъмин карда мешавад.
Сметаи хароҷоти фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, мақомоти онҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро мутаносибан Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон тасдиқ менамоянд ва он дар буҷети ҷумҳурӣ алоҳида сабт мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон соҳиби молу мулке мебошанд, ки дар тавозуни Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва бахшҳои тобеи онҳоанд ва аз ин молу мулк истифода мебаранд ва ба он ихтиёрдорӣ мекунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
Моддаи 65.
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон шаҳодатнома ва нишони сарисинагии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон доранд, ки аз онҳо дар давоми мӯҳлати ваколатҳояшон истифода мекунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
Моддаи 66.
Хароҷоти вобаста ба иҷрои фаъолият ва кафолатҳои иҷтимоии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пардохта мешавад.
Моддаи 67.
хориҷ карда шуда (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1453)
Моддаи 68.
Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон ба таъминот ва хизматрасонии зайли давлатӣ ҳуқуқ доранд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011):
ба манзилгоҳи хизматӣ;
ба нақлиети махсус;
ба муҳофизин;
ба хароҷот ҷиҳати мақсадҳои намояндагӣ дар дохили мамлакат;
ба хароҷоти вобаста ба сафари давлатҳои хориҷӣ мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443);
ба хизматрасонии махсуси тиббӣ ва санаторию курортӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443);
ба суғуртаи давлатӣ.
Барои Раиси Маҷлиси Олии даъвати якум, Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз анҷоми мӯҳлати ваколат, дар сурати ба истеъфо рафтан ё аз нав вакил интихоб шудан:
cарфи назар аз синну сол ба андозаи навад фоизи музди кори Раиси фаъолияткунандаи Маҷлиси намояндагон бо дарназардошти иловапулиpо нафақа муқаррар карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40);
бо манзилгоҳи хизматӣ;
бо хизматрасонии махсуси тиббӣ ва санаторию курортии онҳо ва аъзои оилаашон (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443);
бо ҳуқуқи истифода кардан аз нақлиёти автомобилии хизматӣ;
бо муҳофизин таъмин карда мешаванд.
Дигар шароити таъминот, хизматрасонӣ ва ҳифзи Раиси Маҷлиси Олии даъвати якум, Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон бо қарори Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 69.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон метавонанд дигар имтиёзҳои иловагӣ ва кафолати иҷрои онҳоро муқаррар намоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Моддаи 69(1).
Нашрияҳои расмии Маҷлиси Олӣ рӯзномаи "Садои мардум" ва маҷаллаи "Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мебошанд.
Оинномаи рӯзномаи "Садои мардум" бо қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон тасдиқ карда мешавад (Қонуни конст. аз 25.06.2021 № 1798).
Моддаи 69(2).
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар шабакаи интернет сомонаи расмии худро доранд. Тартиби пешбурд, номгӯи маълумот ва иттилооте, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомона ҷойгир карда мешаванд, мувофиқан дар Дастури Маҷлиси миллӣ ва Дастури Маҷлиси намояндагон муайян карда мешаванд (Қонуни конст. аз 25.06.2021 № 1798).
Моддаи 69(3).
Қароргоҳи расмии Маҷлиси Олӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад(Қонуни конст. аз 25.06.2021 № 1798).
Моддаи 70.
Аз рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии мазкур Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, № 21, м. 221, с.1996, № 3, м. 50, с.1997, № 9, м. 110, с.1998, № 10, м.115) аз эътибор соқит дониста шавад (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1323).
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
19 апрели соли 2000 № 1
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди мавриди амал қарор додани Конуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори худро ба қонуни мазкур мутобиқ гардонад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 10 апрели соли 2000 № 42
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 19 апрели соли 2000 № 25
 

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 15/01/2020 - 11:44
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Рақам: 
28
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
12.05.2001
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №4, мод. 215; с. 2003, №4, мод. 152; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 1; с. 2009, №12, мод. 813; с. 2016, №7, мод. 602)
(Қонуни конст.ҶТ аз 22.04.2003 № 22, аз 5.01.2008 № 346, аз 3.12.2009 № 575, аз 23.07.2016 № 1325, аз 18.07.2017 № 1455, аз 18.03.2022, № 1851).)
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳокимияти иҷроияи давлатӣ мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси дастаҷамъӣ амалӣ намуда, системаи мақомоти идоракунии давлатиро роҳбарӣ, фаъолият ва мутобиқати ҳамкории онҳоро таъмин менамояд.
Моддаи 2. Асоси ҳуқуқии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонуни конститутсионӣ, дигар қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, ба амал мебарорад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1325).
Моддаи 3. Принсипҳои асосии фаьолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ принсипҳои волоияти қонун, ҳокимияти халқ, таҷзияи ҳокимият, ошкорбаёнӣ, дастаҷамъӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро ба роҳбарӣ мегирад.
Моддаи 4. Фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъерии ҳуқуқӣ
(Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ иҷрои Конститутсия, дигар қонунҳо, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, таъмин намуда, аз ҷониби мақомоти идоракунии давлатӣ иҷро шудани онҳоро мунтазам назорат мекунад.
БОБИ 2. РАИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, СОХТОР ВА ҲАЙАТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 5. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, барои татбиқи самарабахши ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Моддаи 6. Сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.
Вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам медиҳад.
Моддаи 7. Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат мебошад.
Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне шуда метавонанд, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1325).
Моддаи 8. Ба вазифа таъин кардан ва озод намудани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод мекунад ва фармонро дар ин хусус ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод менамояд.
Агар фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъин ва озод кардани узви Ҳукумат Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷоя тасдиқ накунанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад фармони мазкурро такроран ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намояд ё дар бораи таъин намудани шахси дигар фармон пешниҳод кунад.
Аъзои Хукумат баъди аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудан ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд:
"Ҳамчун аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарки масъулият ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунам, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, тамоми неру ва дониши худро барои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон содиқона ва поквиҷдонона сарф намуда, Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя мекунам, адолат ва қонуниятро сарчашмаи фаъолияти худ қарор дода, ба хотири дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани шӯҳрати ватанам софдилона хизмат менамоям (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1325).
Макон ва тартиби баргузории савгандёдкунии аъзои Ҳукуматро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1325).
Риоя накардани савганд аз ҷониби узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асос барои ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани ӯ мегардад (Қонуни конст.ҶТ аз 18.07.2017 № 1455).
Моддаи 9. Мӯҳлати фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои худро дар назди Президенти навинтихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вомегузорад ва мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои худро то тасдиқ шудани ҳайати нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.
Моддаи 10. Истеъфои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ғайриимкон донистани иҷрои фаъолияти мӯътадили худ метавонад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хусуси истеъфо арз намояд. Ҳар як узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи 6а истеъфо рафтан дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ҳар вақт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳайати пурра ё аъзои алоҳидаи онро ба истеъфо фиристад ва фармонро дар ин хусус барои тасдиқ ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Моддаи 11. Фаъолияте, ки ба иҷрои вазифаи аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ нест
Узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ надорад:
вакили мақомоти намояндагӣ бошад;
дигар вазифаро ишғол намояд;
шахсан ё ба воситаи шахсони боваринок ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад;
бо дигар фаъолияти музднок, ғайр аз фаъолияти омӯзгорӣ, илмӣ ва эҷодӣ машғул шавад.
Узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин наметавонад:
ахборот, воситаҳои таъминоти моддию техникӣ, молиявӣ ва иттилоотиро, ки танҳо барои фаъолияти хизматӣ пешбинӣ шудаанд, ба мақсадҳои ғайрихизматӣ истифода намояд;
барои осори нашршуда ва суханрониҳо ба сифати узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи қалам гирад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Хориҷ карда шуд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулкии узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муѕовимат ба коррупсия" ва қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 18.07.2017 № 1455 аз 18 марти соли 2022, № 1851).
БОБИ 3. САЛОҲИЯТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 12. Роҳбарӣ ба вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ роҳбарӣ менамояд ва фаъолияти онҳоро назорат мекунад.
Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ ва сохтори дастгоҳи марказии онҳоро мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқ мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони вазирҳо, муовинони раисони кумитаҳои давлатӣ, роҳбарони кумитаҳо ва дигар мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, роҳбарони мақомоти идоракунии давлатӣ ва ташкилотҳоеро, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, ба вазифа таъин мекунад ва аз вазифа озод менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои коллегияҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатиро тасдиқ мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳудуди маблағҳое, ки дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъминоти мақомоти идоракунии давлатӣ муқаррар шуданд, таъсис диҳад ва низомномаи онҳоро тасдиқ намояд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Моддаи 13. Салоҳияти умумии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
дар татбиқи сиёсати дохили ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад;
роҳбарии самараноки иҷтимоию иқтисоди ва фарҳангиро таъмин мекунад;
ба системаи мақомоти ҳокимияти иҷроия роҳ6ари мекунад;
барномаҳои мақсадноки давлатиро таҳия менамояд ва татбиқи онҳоро таъмин мекунад;
ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми зарурат ҳалли баъзе масъалаҳои идоракунии давлатиро, ки ба салоҳияти вай дохил мешаванд, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии ҷудогонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти идоракунии давлатӣ дода метавонад, агар ҳалли ин масъалаҳо мутобиқи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти истисноии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб набошанд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Моддаи 14. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иқтисодиёт
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
раванди иқтисодиро танзим мекунад;
фазои ягонаи иқтисодӣ ва фаъолияти озоди иқтисодӣ, гардиши озодонаи мол, хизматрасони, сармоя ва қувваи коргариро таъмин менамояд;
дурнамои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад, барномаҳои рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиётро таҳия ва амалӣ менамояд;
барномаҳои давлатии иқтисоди ва сармоягузориро таҳия менамояд ва барои татбиқи он тадбирҳо меандешад;
моликияти давлатиро идора мекунад;
барои соҳибкорӣ ва рушди озодонаи тамоми шаклҳои моликият дар шароити муносибатҳои бозори шароит фароҳам меорад;
сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳамкории байналмилалии иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузорӣ таҳия менамояд ва дар амал татбиқ мекунад;
роҳбарии умумии фаъолияти гумрукиро ба амал мебарорад;
дар бобати муҳофизати манфиатҳои истеҳсолкунандагони молҳои ватанӣ, иҷрокунандагони кор ва хизматрасониҳо тадбирҳо меандешад;
фаъолияти саноати мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд;
зарурати ҷалб намудани қарзи давлатӣ ё қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад, муайян мекунад.
Моддаи 15. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи буҷет, молия, пул, қарз ва андоз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
татбиқи сиёсати ягонаи молиявӣ, қарзӣ, пулӣ ва андозситониро таъмин менамояд;
лоиҳаи қонуни буҷетро таҳия намуда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад ва иҷрои онро таъмин менамояд;
лоиҳаи қонунҳоро дар бораи муқаррар кардан ва бекор намудани андоз таҳия менамояд ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
ризоияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба доду гирифти қарзи давлатӣ мегирад;
дар бобати танзими бозори қоғазҳои қиматнок тадбирҳо меандешад;
идоракунии қарзи давлатии дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебарорад;
ба фаъолияти молиявӣ дар муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ роҳбарӣ менамояд;
сиёсати ягонаи нархро бо назардошти талаботи иқтисоди бозорӣ таҳия менамояд ва барои дар амал татбиқ намудани он тадбирҳо меандешад.
Моддаи 16. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иҷтимоӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
гузаронидани сиёсати ягонаи давлатии иҷтимоӣ, татбиқи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ амалӣ мекунад, ба рушди таъминоти иҷтимоӣ ва хайру эҳсон мусоидат менамояд;
барномаҳои иҷтимоию иқтисодиро ба тасдиқи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
дар бобати татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон ба меҳнат тадбирҳо меандешад;
барномаҳои таъмини шуғли аҳолиро таҳия менамояд ва доир ба татбиқи ин барномаҳо тадбирҳо меандешад;
пешбурди сиёсати ягонаи давлатии муҳоҷиратро таъмин менамояд;
дар бобати татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон барои ҳифзи саломатӣ ва таъмини некӯаҳволии санитарию эпидемиологӣ тадбирҳо меандешад;
ба ҳалли масъалаҳои оила, падару модарон ва фарзандон мусоидат менамояд, оид ба татбиқи сиёсати ҷавонон тадбирҳо меандешад (Қонуни конст.ҶТ аз 18.07.2017 № 1455);
оид ба рушди тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва туризм, инчунин соҳаи табобати курортию санаторӣ ва истироҳатӣ тадбирҳо меандешад ва онҳоро амалӣ менамояд.
Моддаи 17. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
доир ба дастгирии давлатии инкишофи илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ тадбирҳо меандешад ва онҳоро амалӣ менамояд;
пешбурди сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ таъмин намуда, самтҳои асосии рушду такомули онҳоро муайян менамояд;
ба рушди забон, адабиёт, санъати касбӣ, танзими анъанаҳо ва расму оинҳо мусоидат менамояд ва муҳофизати ёдгориҳои таърих ва фарҳангро таъмин мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Моддаи 18. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодабарии табиат ва муҳофизати муҳити зист
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
пешбурди сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи истифодаи табиат, ҳифзи муҳити зист ва бехатарии экологӣ таъмин менамояд;
доир ба татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон барои муҳити зисти мусоид ва оид ба таъмини беҳбудии экологӣ тадбирҳо меандешад;
фаъолияти мақомоти идоракунии давлатиро дар бобати якҷоя гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи табиат ва татбиқи барномаҳои экологии аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва баиналмилалӣ доштаро ҳамоҳанг месозад, дар бобати рафъи оқибатҳо ва кам кардани хатари сар задани ҳолатҳои фавқулоддаи хислати табиӣ, техногенӣ ва экологӣ дошта тадбирҳо меандешад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575);
ҳифз ва истифодаи окилонаи захираҳои табиӣ, танзими истифодаи табиат ва ҳифзи захираи маъдан ва ашёи хоми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд.
Моддаи 19. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини қонуният, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатии таъмини амнияти шахс, ҷамъият ва давлат чораҳо меандешад;
доир ба таъмини қонуният ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар бобати муҳофизати моликият ва тартиботи ҷамъиятӣ, оиди мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дигар ҳодисаҳои барои ҷамъият хатарнок тадбирҳо меандешад;
доир ба таъминоти ташкилӣ, рушд, таҳким бахшидани заминаи моддию техникии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳо меандешад ва онҳоро амалӣ мекунад.
Моддаи 20. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини мудофиа ва амнияти давлатӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
оид ба таъмини мудофиа ва амнияти давлатӣ тадбирҳо меандешад;
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳар6иро бо аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, воситаҳои моддӣ, захираҳо ва хизматрасониҳо таъмин мекунад;
иҷрои барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва нақшаҳои такмили яроқу аслиҳа, инчунин барномаҳои тайёр кардани шаҳрвандонро аз рӯи ихтисосҳои каcби ҳарбӣ таъмин мекунад;
барои хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шахсоне, ки мувофиқи қонунҳо ба мақсади таъмини мудофиа ё амнияти давлат ҷалб карда мешаванд, кафолати иҷтимоиро таъмин менамояд;
муҳофизати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд:
ба мудофиаи гражданӣ роҳбарӣ мекунад.
Моддаи 21. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ
(Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
дар амали намудани сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;
намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ аз ҷиҳати моддӣ таъмин менамояд;
иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи шартномаҳои байналмилалӣ таъмин менамояд, инчунин аз ҷониби иштироккунандагони шартномаҳои мазкур ба иҷро расидани ӯҳдадориҳои онҳоро назорат мекунад;
ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он ҳимоя менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1325);
танзим ва назорати давлатиро дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ҳамкории байналмилалии илмию техникӣ ва фарҳангӣ анҷом медиҳад.
Моддаи 22. Салоҳиятии дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар салоҳиятеро, ки Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи он гузоштаанд, ба амал мебарорад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми эълони ҳолати ҷангӣ ё вазъияти фавқулодда тибқи қонунҳое, ки ин ҳолатҳоро ба танзим медароранд, муайян карда мешавад.
БОБИ 4. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 23. Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шакли асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳангоми зарурат, бо иҷозати хаттии Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё бо супориши ӯ бо иҷозати хаттии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳо ва фармоишиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масьалаҳои алоҳидаи хусусияти оперативӣ дошта, мумкин аст бе гузаронидани маҷлис бо роҳи пурсиши хаттии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарафдории аз нисф зиёди аъзои Ҳукумат қабул карда шаванд (Қонуни конст.ҶТ аз 22.04.2003 № 22).
Маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳе камаш як маротиба гузаронида мешаванд ва дар сурате салоҳиятнок ҳисоб мегарданд, ки агар дар онҳо камаш аз се ду ҳиссаи аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дошта бошанд.
Дар маҷлисҳо масъалаҳое, ки ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд баррасӣ мешаванд.
Дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳо бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мешаванд.
Дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони дигар низ ҳуқуқ доранд мутобиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад маҷлисҳои пӯшида доир намояд.
Тартиби тайёр ва гузаронидани маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, сурат мегирад.
Маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо супориши ӯ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад.
Рафти маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои он бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумат метавонанд аз тариқи воситаҳои ахбори омма пахш гарданд (Қонуни конст.ҶТ аз 18.07.2017 № 1455).
Моддаи 24. Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои пешакӣ тайёр кардани масъалаҳое, ки дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми машваратӣ -Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад.
Ҳайати Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ иборат мебошад. Ба ҳайати Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дигар аъзои Ҳукумат дохил шуда метавонанд, ки онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд
Маҷлисҳои Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи зарурат гузаронида мешаванд.
Маҷлисҳои Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳангоми набудани ӯ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад.
Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи рӯзномаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дорои хусусияти тавсиявӣ қабул мекунад.
Моддаи 25. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо супориши Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазириӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон:
кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил мекунад;
вазифаҳоро дар байни муовини якум ва муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим мекунад;
маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мегузаронад;
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад ва шартномҳои байниҳукуматиро имзо менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 18.07.2017 № 1455);
оид ба таъмини иҷрои қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳо медиҳад;
ваколатҳои дигареро, ки қонун пешбини намудааст амалӣ мегардонад.
Ҳангоми набудани Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ӯро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.
Моддаи 26. Муовини якум, муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини якум, муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тақсимоти вазифаҳо ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебароранд, ба кори онҳо назорат мекунанд ва оид ба таъмини иҷрои қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳо медиҳанд, пешниҳодот ва лоиҳаҳои қарорҳо ва фармоишҳоро, ки ба маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд, пешакӣ баррасӣ менамоянд, барои вазъи ин корҳо масъуланд.
Моддаи 27. Вазирон ва Раисони кумитаҳои давлатӣ
Вазирон ва Раисони кумитаҳои давлатӣ:
барои фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатие, ки онҳо роҳбарӣ мекунанд ва барои фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ масъуланд;
дар баррасии масъалаҳо дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд;
ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баррасии масъалаҳое, ки ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд, таклифҳо пешниҳод мекунанд;
ваколатҳои дигареро, ки қонун пешбинӣ намудааст, амалӣ мегардонанд.
Моддаи 28. Комиссияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои доимӣ таъсис медиҳад, вазифа, тартиби фаъолияти онҳоро муайян мекунад ва низомномаҳои онҳоро тасдиқ менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тайёр кардани лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии ихтилофот оид ба лоиҳаи қарорҳо, инчунин барои иҷрои қарорҳои алоҳидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои муваққатӣ ва гурӯҳҳои корӣ таъсис медиҳад.
Моддаи 29. Санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия, ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳо ва фармоишҳо қабул мекунад, ки иҷрои онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1325).
Санадҳое, ки хусусияти меъёрӣ доранд дар шакли қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд. Санадҳо оид ба масъалаҳои таъҷилӣ ва дигар масьалаҳои ҷорӣ, ки хусусияти меъёрӣ надоранд дар шакли фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.
Ба санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо мегузорад.
Санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми онҳо) дар мавриди мухолифати онҳо бо Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда мешаванд ё амали онҳо боздошта мешавад.
Санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми онҳо) аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шуда ё амали онҳо боздошта мешаванд.
Нисбати санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд бо тартиби муқарраркардаи қонун шикоят кардан мумкин аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад муроҷиатномаҳо ва изҳоротҳоро, ки хусусияти ҳуқуқӣ надоранд, қабул намояд.
БОБИ 5. МУНОСИБАТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 30. Иштироки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаьолияти қонунгузорӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад.
Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли пешниҳоди лоиҳаи қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонунҳо дар бораи тағйир додан ё бекор кардани қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шакли пешниҳоди хаттӣ дар бораи қабул кардани қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дохил намудани тағйирот ба қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон (таклифҳои қонунгузорӣ) ба амал мебарорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи тайёр намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, таҳия ва тасдиқ мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи қонунҳо хулосаи хаттӣ медиҳад, ки онҳо ба субъекти ташаббуси қонунгузорӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавнд.
Моддаи 31. Иштироки аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумита ва комиссияҳои онҳо мутобиқи талаботи Дастури онҳо иштирок намоянд ва баромад кунанд.
БОБИ 6. МУНОСИБАТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО МАҚОМОТИ СУДӢ, МАКОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ
(Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575)
Моддаи 32. Муносибати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судҳо
Муносибати Ҳукумат бо судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси конститутсия, ин Қонуни конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 33. Муносибати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
(Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро амалӣ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои раисони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо,шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро, ки ба ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохиланд, баррасӣ менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот ва гузоришҳои роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар бораи татбиқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мешунавад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва дигар мақомоти идоракунии давлатиро бо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот таъмин менамояд, ҳамзамон масъалаҳои баҳсноки ба вуҷуд омадаро ҳал менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар буҷети давлатӣ ҳаҷми маблағҷудокуниро барои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия ва лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро тасдиқ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Хорич карда шуд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳуриро, ки ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат доранд, бекор мекунад.
Моддаи 34. Муносибати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ
Муносибати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ дар асоси Конститутсия, ҳамин қонуни конститутсионӣ, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
БОБИ 7. ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 35. Таъмини фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таъмини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маводи таҳлилӣ, иттилоотӣ ва дигар санадҳо, ташкили назорат 6а иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода кардани маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Вазъи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муайян мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Моддаи 35 (1). Муҳофизати давлатии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои оилаи ӯ ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади таъмини амнияти ҳаёт ва фаъолияти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои оилаи ӯ ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи рӯйхати шахсони мансабдор, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои муҳофизати давлатии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебарорад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ваколати худ ҳуқуқ надоранд, ки аз муҳофизати давлатӣ даст кашанд (Қонуни конст.ҶТ аз 22.04.2003 № 22, аз 23.07.2016 № 1325).
Моддаи 36. Пардохти музди меҳнат, таъминоти моддию маишӣ ва ҳимояи иҷтимоии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Андозаи маоши мансабӣ, иловапулӣ барои рутбаи тахассусӣ ва собиқаи хизмати давлатӣ, инчунин шартҳо ва тартиби пардохти музди меҳнат, давомнокии рухсатии меҳнатии ҳарсолаи аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Хизматрасонии тиббӣ, таъминоти иҷтимоию маишии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба нафақа баромадан, нафақа дар ҳаҷми ҳаштод фоизи музди миёнаи меҳнаташ таъин карда шуда, новобаста аз ҳадди ниҳоии пардохти нафақа пурра пардохта мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 5.01.2008 № 346).
Моддаи 37. Хароҷоти таъминоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад.
Хароҷоти таъминоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар буҷети давлатӣ дар сатри алоҳида муайян карда мешавад.
Моддаи 38. Аз эътибор сокит донистани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 21, мод. 218) аз эътибор сокит дониста шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Э. Рахмонов
   ш.Душанбе 
 12 майи соли 2001 № 28
 

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ҲУҚУҚИИ ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДА

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 15/01/2020 - 11:49
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Рақам: 
94
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
03.11.1995
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ НИЗОМИ ҲУҚУҚИИ ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДА
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №21, мод. 233;с. 1997, №23-24, мод. 356; с. 2002, №4, қ.;1. мод. 254; с. 2005, №12, мод. 625; с. 2008, №10, мод. 795)
(Қонуни конст. ҶТ аз 10.05.2002, аз 28.12.2005 № 134, аз 6.10.2008 № 416, аз 26.07.2014 № 1085)
Моддаи 1.
Вазъияти фавқулодда тадбири муваққатӣ мебошад, ки он мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуда, низоми махсуси ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, корхонаҳо муассисаҳо ва ташкилотҳоро пешбинӣ менамояд ва муваққатан ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, инчунин ҳуқуқи шахсони юридикиро маҳдуд намуда, ба зимми онҳо вазифаҳои иловагӣ мегузорад, ки тавассути ҳамин қонуни конститутсионй муқаррар карда мешаванд.
Вазъияти фавқулодда дар чунин мавридҳо ҷорӣ карда мешавад:
1) ҳангоми рӯй додани офатҳои табиӣ, садамаю фалокатҳо, паҳншавии касалиҳои сирояткунанда, эпизоотияҳо (муромурии ҳайвонот), ки ба ҳаёту саломатии аҳолӣ хатарноканд;
2) дар мавриде, ки тартиботи ҳуқуқӣ ба таври оммавӣ вайрон карда шуда, воқеан ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таҳдид мекунад;
3) ҳангоми кӯшиши ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯрӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) ҳангоми сӯиқасд ба тамомияти арзии давлат, ки ба тағйири сарҳади он таҳдид мекунад;
5) дар мавриди зарурати барқарор кардани тартиботи ҳуқуқии конститутсионӣ ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ.
Моддаи 2.
Вазъияти фавқулодда дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда мешавад ва Фармон фавран ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда шуда, ба Созмони Милали Муттаҳид хабар дода мешавад. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷори намудани вазъияти фавқулодда дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз аз лаҳзаи мавриди амал қарор гирифтанаш тасдиқ карда мешавад.
Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷори намудани вазъияти фавқулодда бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд қабул карда мешавад.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар давраи вазъияти фавқулодда пароканда намешавад.
Вазъияти фавқулоддаро дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба мӯҳлати то се моҳ ҷорӣ кардан мумкин аст. Дар ҳолатҳои зарурӣ ин мӯҳлат метавонад аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дароз карда шавад.
Дар шароити вазъияти фавқулодда ҳуқуқу озодии шаҳрвандон, ки дар моддаҳои 16, 17, 18, 19, 20, 22, 25 ва 28-уми Конститутсия пешбинӣ шудаанд, маҳдуд карда намешавад.
Моддаи 3.
Дар мавриди ҷорӣ намудани вазъияти фавқулодда сабабу асосҳои қабули чунин қарор, мӯҳлат ва ҳудуди амали он зикр карда мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад онро пеш аз мӯҳлати муқарраршуда бекор кунад ё мӯҳлати вазъияти фавқулоддаро дароз намояд, агар ҳолатҳое, ки боиси эълони вазъияти фавқулодда гардидаанд, бартараф нашуда бошанд.
Қарор дар бораи ҷорӣ намудан, дароз кардани мӯҳлат ва ё бекор кардани вазъияти фавқулодда аз лаҳзаи қабулаш эътибор пайдо мекунад, агар тартиби дигаре махсус таъкид нашуда бошад ва фавран интишор мегардад.
Моддаи 4.
Дар шароити вазъияти фавқулодда вобаста ба ҳолатҳои мушаххас мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ метавонанд чунин тадбирҳоро андешанд:
1) муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва объектҳоеро, ки фаъолияти ҳаётии аҳолӣ ва хоҷагии халқро таъмин мекунанд, пурзӯр намоянд;
2) шаҳрвандонро аз минтақаҳои барои зист хавфнок муваққатан кӯчонда, ҳатман барояшон хонаҳои дигари истиқоматии доими ё муваққатӣ диҳанд;
3) низоми махсуси дурафти шаҳрвандонро ҷорӣ намоянд;
4) ба шаҳрвандони ҷудогона дар мӯҳлати муқарраршуда тарк намудани маҳалли муайян ва хонаашонро (ҳавлиашонро) манъ кунанд, вайронкунандагони тартиботи ҷамьиятиро, ки сокинони маҳалли мазкур нестанд, аз ҳисоби худи онҳо ба маҳалли зисти доимиашон ё берун аз маҳалле, ки вазъияти фавқулодда эълон гардидааст, фиристанд;
5) аз шаҳрвандон силоҳ, лавозимоти ҷанги ва аз корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо - ҳамчунин техникаи таълимии ҳарбӣ, маводу масолеҳи таркандаю радиоактивӣ, маводи сахттаъсири қимёвӣ ва заҳрнокро муваққатан кашида гиранд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1085);
6) гузарондани маҷлису гирдиҳамоиҳо, роҳпаймоию намоишҳои кӯчагӣ, ки бо мазмуни худ боиси ноустуворшавии вазъият мешаванд, чунин гуруснанишинӣ ва эътирозҳо, чорабиниҳои намоишӣ, варзишӣ ва дигар тадбирҳои оммавиро манъ кунанд;
7) барои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликияташон тартиби махсуси корро ҷорӣ намоянд, ҳамчунин дигар масъалаҳои фаъолияти хоҷагии онҳоро ҳал кунанд;
8) роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа сабукдӯш кунанд, бо сабабҳои узрнок аз вазифа холӣ кардани коргарону хизматчиёнро манъ намоянд;
9) барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда захираю имкониятҳои корхонаҳо ва муассисаю ташкилотҳо истифода намуда, баъдан мутобиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи онҳоро ҷуброн намоянд;
10) гузарондани корпартоиҳоро манъ кунанд;
11) шаҳрвандони қобили меҳнатро барои кор дар корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо, инчунин барои бартараф намудани оқибати ҳолатҳои фавқулодда ҷалб кунанд ва бехатарии меҳнатро таъмин намоянд;
12) гардиши силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, моддаҳои сахттаъсири қимиёвӣ ва заҳрнок, инчунин машрубот ва спирти этилиро маҳдуд ё манъ кунанд, ба истиснои маводи доруворӣ (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1085);
13) карантин ҷорӣ кунанд ва дигар тадбирҳои ҳатмии санитарию зиддиэпидемиявӣ андешанд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1085);
14) истифодаи дастгоҳҳои нусхабардор, техникаи сабти аудио ва видеоӣ, инчунин дастгоҳҳои паҳнкунандаи мавҷҳои радио, телевизион, шабакаҳои мобилӣ ва интернетро маҳдуд ё манъ кунанд, таҷҳизоти техникии садобаландкунандаро гиранд, ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма назорат кунанд, ҳангоми зарурат сензура ва дар интишори рӯзномаҳо маҳдудият ҷорӣ намоянд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1085);
15) қоидаҳои махсуси истифодаи воситаҳои алоқаро ҷорӣ кунанд;
16) ҳаракати воситаҳои нақлиётро маҳдуд кунанд ва онҳоро тафтиш намоянд;
17) соати комендантӣ ҷорӣ кунанд;
18) ташкил ва фаъолияти гурӯҳҳои мусаллаҳи шаҳрвандонро пешгирӣ кунанд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1085);
19) ҳуҷҷатҳои шаҳрвандонро тафтиш кунанд, дар мавридҳои зарурӣ, дар сурати мавҷуд будани маълумот оиди дар дасти шаҳрвандон будани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, моддаҳои сахттаъсири кимиёвӣ ва заҳрдор, азназаргузаронии шахсӣ, азназаргузаронии молу воситаҳои нақлиётро гузаронанд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1085);
20) ба дигар минтақаҳо бо мақсади паҳнкунӣ бурдан ва овардани маводӣ чопӣ, сабтҳои магнитӣ ва видеоиро, ки мазмуни онҳо ба номӯътадилшавии вазъият, барангехтани низои миллӣ, итоат накардан ба мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ даъват менамоянд, манъ кунанд.
Моддаи 5.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ, дорад, санадҳои мақомоти ҳокимияти намояндаги ва иҷроияи маҳаллии воҳидҳои дахлдори марзиву маъмуриро, ки дар он ҷо вазъияти фавқулодда эълон шудааст ва низоми вазъияти фавқулоддаро халалдор мекунанд, бекор кунад ё боздорад.
Барои танзими корҳои пешгирӣ ё бартараф кардани оқибати ҳолатҳои фавқулодда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раисони вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, ноҳияҳо ва шаҳрҳо метавонанд мақомоти махсуси муваққатӣ ташкил намоянд.
Моддаи 6.
Дар давраи вазъияти фавқулодда роҳбарони корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо ҳуқуқ доранд дар мавридҳои зарурӣ коргарону хизматчиёнро бе розигии онҳо ба кори дигар, ки бо шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ нашудааст, гузаронанд.
Дар давраи вазъияти фавқулодда принсипи интихобӣ будани роҳбарони корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо мумкин аст риоя нашавад, агар онро манфиатҳои муътадил гардонидани вазъият талаб намоянд.
Моддаи 7.
Дар давраи соати комендантӣ ба шаҳрвандон ба рухсатномаю ҳуҷҷатҳои махсусес, ки шахсияти онҳоро тасдиқ мекунанд, дар кӯча ё дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштан ё бе ин ҳуҷҷатҳо аз манзили худ дур будан манъ аст.
Шахсоне, ки тартиботи пешбинишудаи қисми якуми ҳамин моддаро вайрон кардаанд, аз тарафи милиса ё посбонҳои ҳарбӣ то охири соати комендантӣ ва шахсоне, ки ҳуҷҷат надоранд, то вақти муайян шудани шахсияташон, вале на бештар аз се шабонарӯз, дастгир карда мешаванд; дастгиршудагон ва ҳамчун чизу чораи онҳоро аз назар гузарондан мумкин.
Моддаи 8.
Барои вайрон кардани талаботи бандҳои 3, 4, 6, 10, 12, 16, 20-уми моддаи 4, инчунин талаботи пешбиникардаи қисми якуми моддаи 7-уми ҳамин Қонуни конститутсионӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд, агар барои ин вайронкуниҳо мувофиқи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни конститутсионии ҶТ  аз 06.10.2008 № 416, аз 26.07.2014 № 1085).
Моддаи 9.
Барои паҳн кардани овозаҳои иғовгарона ва амалҳое, ки ба вайрон кардани тартиботи ҳуқуқӣ сабаб мешаванд, ё низои миллиро бармеангезанд, барои фаъолона мамониат кардан ба ҳуқуқҳои қонунӣ ва вазифаҳояшонро ба амал баровардани шаҳрвандон ва соҳибмансабон, ҳамчунин барои қасдан итоат накардан ба амри қонунӣ ё талаботи корманди мақомоти корҳои дохилӣ, хизматчии ҳарбӣ, ё шахсони дигаре, ки вазифаи хизматӣ ё қарзи ҷамъиятиашонро оиди ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ адо мекунанд, ё ки амалҳои дигари ба ҳамин монанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осоиши шаҳрвандонро халалдор мекунанд, ё худ барои вайрон кардани қоидаҳои назорати маъмурӣ дар маҳалҳое, ки вазъияти фавқулодда эълон карда шудааст, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд (Қонуни конститутсионии ҶТ  аз 06.10.2008 № 416, аз 26.07.2014 № 1085).
Протоколҳо оиди корҳои қонуншиканиҳои мазкур аз тарафи кормандони ба ин ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ ё комендатураи маҳалли ҷудогона тартиб дода мешаванд.
Парвандаҳои оид ба қонуншиканиҳои пешбиникардаи моддахо 8 ва 9-уми ҳамин Қонуни конститутсионӣ аз тарафи судя ба тартиби муқарраркардаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дар мӯҳлати то се шабонарӯз баррасӣ карда мешаванд. Шахсоне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, то аз тарафи судя баррасӣ карда шудани парванда дар ҳабс нигоҳ дошта шуда метавонанд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1085).
Моддаи 10.
Барои роҳбарӣ ба корпартоии манъшуда дар шароити вазъияти фавқулодда, ҳамчунин барои монеъ шудан ба кори корхона, муассиса ва ташкилот айбдор мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Моддаи 11.
Ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дода мешавад, ки дар шароити вазъияти фавқулодда тобеияти ҳудудии судии парвандаҳои гражданӣ ва ҷиноятиро, ки қонун муқаррар кардааст, тағйир диҳад.
Моддаи 12.
Ба шаҳрвандоне, ки дар ҳолатҳои фавқулодда ё дар натиҷаи иҷрои корҳои пешгирӣ ё барҳамдиҳии ҳолатҳои фавқулодда заррар дидаанд, аз тарафи мақомоти дахлдори давлатӣ, иичунин корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо манзилгоҳ ҷудо карда, зарари моддии дидаашон ҷуброн карда мешавад, ба онҳо барои бо кор таъмин шудан кӯмак ва дигар ёрии зарурӣ расонида мешавад.
Шарту шароит ва тартиби додани манзилгоҳ, ҷуброн кардани зарар ва расонидани дигар ёриро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 13.
Дар мавридҳое, ки дар маҳалҳои вазъияти фавқулодда эълоншуда мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ вазифаҳои худро бояду шояд иҷро намекунанд, ё ки онҳо ба фаъолияти зиддиконститутсуонӣ роҳ медиҳанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад чунин шакли махсуси идораи муваққатии ҷумҳурӣ ё қаламрави ҷудогонаи онро муқаррар намояд;
идоракунии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомот ё шахси мансабдоре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад, бо роҳи боздоштани ваколати мақомоти дахлдори ҳокимият ва идораи давлатӣ.
Таклифҳоро дар бораи ҷорӣ намудани шаклҳои махсуси идоракунӣ, инчунин мақомот ва соҳибмансабоне, ки мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд, пешниҳод карда метавонанд.
Моддаи 14.
Шаклҳои махсуси идораро мақомоти зайл ба амал бароварда метавонанд:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мақомоте, ки таъсис медиҳад ё шахси мансабдоре, ки таъин мекунад.
Қарор дар бораи истифодаи ин ё он мақомот ҳангоми амалӣ намудани шаклҳои махсуси идораи ҷумҳурӣ ё қаламрави алоҳидаи он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, аз ин хусус ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иттилоъ дода мешавад.
Моддаи 15.
Ҳангоми ҷорӣ намудани шаклҳои махсуси идора сабабҳои қабул кардани чунин қарор, мӯҳлат ва ҳудуди амали он нишон дода мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад амали шаклҳои махсуси идораро то гузаштани мӯҳлати муқарраршуда бекор кунад ё мӯҳлати амали онҳоро дар сурати бартараф карда нашудани ҳолатҳое, ки барои ҷорӣ намудани ин шаклҳои махсуси идора асос шуда буданд, дароз кунад.
Амали шаклҳои махсуси идораи ноҳияҳо, шаҳрҳо ва минтақаҳои алоҳида дар сурати пароканда кардани Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз лаҳзаи интихоби ҳайати нави Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ин ҳудудҳо ва ташкили Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, қатъ мегардад.
Қарор дар бораи ҷорӣ намудан, бекор ё дароз кардани мӯҳлати шаклҳои махсуси идора аз лаҳзаи қабул шуданаш эътибор пайдо мекунад, агар қоидаи дигаре махсус пешбинӣ нашуда бошад ва фавран интишор мешавад.
Моддаи 16.
Мақомот ё мансабдороне, ки шаклҳои махсуси идораро амалӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд:
чораҳои дар моддаи 4-уми ҳамин Қонуни конститутсионӣ пешбинишударо амалӣ намоянд;
фаъолияти Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ боздоранд, муваққатан вазифаҳои онҳоро ба ӯҳда гиранд;
оид ба масъалаҳои тараққиёти давлатӣ, хоҷагӣ ва иҷтимоию мадании минтақаҳои тобеъ ба мақомоти олии ҳокимияту идораи давлатиӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намоянд.
Иҷрои қарори мақом ё шахси мансабдоре, ки шаклҳои махсуси идораро дар маҳалҳои алоҳида аз рӯи масъалаҳои мувофиқи ҳамин Қонуни конститутсионӣ ба салоҳияти онҳо тааллуқдошта амалӣ менамоянд, барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки дар минтақаҳои дахлдорро воқеанд, ҳатмӣ мебошад.
Дар давраи амали шаклҳои махсуси идора ҳамчунин чораҳоеро татбиқ кардан мумкин аст, ки моддаҳои 5, 6, 7, 11, 12-уми ҳамин Қонуни конститутсионӣ пешбинӣ кардаанд.
Моддаи 17.
Хориҷ карда шуд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1085)
Ба шахсоне, ки барои нигоҳ доштани низоми вазъияти фавқулодда ҷалб карда мешаванд, маоши вазифавӣ ва маош барои рутбаҳои махсус ва ҳарбӣ ба андозаи ду баробар муқаррар карда мешавад. Як моҳи хизмати онҳо дар вақти амали вазъияти фавқулодда се моҳ ҳисоб гардида, ба собиқаи хизмати онҳо (стажи корӣ) дохил мешавад.
Доираи шахсоне, ки барои нигоҳ доштани низоми вазъияти фавқулодда ҷалб мегарданд, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе 
 3 ноябри соли 1995 № 994

 

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 15/01/2020 - 11:52
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Рақам: 
106
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
04.11.1995
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 21, мод. 245; с. 2001, № 4, мод. 212; с. 2008, № 12, қ. 1, мод. 983)
(Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27, аз  31.12.2008 № 458, аз 3.08.2018 № 1542)
БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳуми раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоздиҳии умумихалқи оид ба масъалаҳои муҳими ҳаёти давлатию ҷамъиятии ҷумҳурӣ мебошад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542).
Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо роҳи раъйпурсӣ тағйиру иловаҳо дохил карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542).
Қарорҳое, ки раъйпурсии умумихалқӣ қабул менамояд, эътибори олии ҳуқуқи дошта, ба ҳеч гуна тасдиқшавӣ эҳтиёҷ надоранд ва иҷрои онҳо дар тамоми каламрави Тоҷикистон ҳатмист (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27).
Моддаи 2. Масъалаҳое, ки мавзӯи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд
Мутобиқи моддаи 100-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд ва воҷиби ба раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштан намебошанд  (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27).
Масъалаҳои оид ба сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон, андоз, буҷет, тақсимоти маъмурию ҳудудӣ марзи, дидани ҷораҳои фавкулоддаю фаврии ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сиҳати ва амнияти шаҳрвандон, тағйир додани мақом ва тамомияти арзии Вилояти Муҳтори Кӯҳистони Бадахшон хамчунин масъалаҳои вобаста ба таъин ва озод кардани шахсони мансабдоре, ки ба салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тoҷикистон дахл доранд, инчунин масъалаҳое, ки бо иҷрои ӯҳдадориҳо аз руи шартномаҳои байналмилалӣ ҷумҳури вобаста мебошанд, наметавонанд ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта шаванд  (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27, аз  31.12.2008 № 458, аз 3.08.2018 № 1542).
Моддаи 3. Ҳуқуқи дар раъйпурси иштирок кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар раъйпурсӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистои, ки синашон ба 18 расидаасту мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд, иштирок карда метавонанд.
Дар раъйпурсӣ шаҳрвандоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ва е бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошга мешаванд ҳуқуқи иштироқ кардан надоранд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542).
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қатьӣ назар аз аслу насаб, аҳволи ичтимоии ва амволӣ, мансубияти нажодӣ ва миллӣ, чинс, маълумот, забон муносибат ба дин, акидаҳои сиесӣ, навъ ва тарзи машгулият дар раъйпурси иштирок мекунанд (Қонуни конст. ҶТ аз  31.12.2008 № 458).
Ҳама гуна маҳдудкунии бевосита ва е бавоситаи ҳуқуқи иштироқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсӣ манъ аст ва мувофиқи Қонун ҷазо дода мешавад  (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27).
Моддаи 4. Принсипҳои умумии раъйпурсӣ
Шаҳрвандон дар раъйпурсӣ озодона, бевосита ва шахсан иштирок мекунанд.
Овоздиҳи дар раъйпурсӣ пинҳони сурат мегирад, назорат ба изҳори хоҳишу иродаи шаҳрвандон манъ аст  (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27).
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистои дар раъйпурсӣ дар маҳалли зисти доимӣ ва ё муваққатии худ дар асосҳои баробар иштирок мекунанд. Ҳар шаҳрванд як овоз дорад.
Моддаи 5. Қонунгузорӣ дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27)
Қонунгузори дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад  (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27, аз 3.08.2018 № 1542)
Моддаи 6. Ошкорбаёнӣ дар вақти тайёр кардани раъйпурсӣ
Дар рафти тайёр кардан ва гузаронидани раъйпурсӣ ошкорбаёнии васеъ ва иштироки аҳли ҷомеа таъмин карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542).
Ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, идтиҳодияҳои дигари ҷамъиятӣ, ки мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун ба қайд гирифта шуданд, макомоти давлатию ҷамъиятӣ, ки дар ташкил ва гузаронидани раъпурсӣ ширкат меварзанд, ба таври кушод ва ошкоро бо риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд.
Ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, ба дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва шаҳрвандон ҳуқуқи ба тарафдорӣ ё муқобили масъалаи ба раъйпурсӣ гузошташаванда таблиғ намудан кафолат дода мешавад.
Дар рӯзи овоздиҳӣ тарғибот манъ аст.
Қарорҳои вобаста ба раьйпурсӣ ва масъалаҳое, ки ба раъйпурсӣ гузошта мешаванд, бояд дар воситаҳои ахбори оммаи расмӣ дар муддати даҳ рӯзи баъди аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданашон интишор ёбанд  (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27).
Воситаҳои ахбори омма рафти тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсиро иникос мекунанд, ба намояндагони онҳо кафолат дода мешавад, ки дар ҳамаи маҷлису ҷамъомадҳои марбут ба раъйпурсӣ бемамоният ҳузур дошта бошанд ва ахбори дахлдорро дастрас намоянд.
Комиссияҳои раъйпурсӣ аҳолиро дар бораи ҳайати худ, маҳал ва вақти кор, ташкили участкаҳои овоздиҳӣ ва рӯйхати шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан доранд, сари вақт хабардор мекунанд.
Мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ доранд бо пешниҳоди ҳуҷҷати ваколатнок дар рӯзи раъйпурсӣ дар маҷлисҳои комиссияҳои раъйпурсӣ ҳангоми ҳисоби овозҳо ва муайян кардани натиҷаи раъйпурсӣ иштирок намоянд. Ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки тибки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраргардида барои анҷом додани мушоҳида дар рӯзи раъйпурсӣ дар ҳар як участка якнафарӣ мушоҳидони миллиро таъин намоянд (Қонуни конст. ҶТ аз  31.12.2008 № 458).
Ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ на дертар аз панҷ рӯз пеш аз раъйпурсӣ бо тартиби муқарраргардида рӯйхати мушоҳидони миллии худро барои бақайдгирӣ ба комиссияҳои дахлдори ҳавзавии раъйпурсӣ пешниҳод менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542).
Бо мақсади таъмини шаффофият ва мушоҳидаи ошкорои баргузории раъйпурсӣ мушоҳидони байналмилалӣ даъват карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз  31.12.2008 № 458).
Фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ тибқи Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиалалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, танзим мегардад (Қонуни конст. ҶТ аз  31.12.2008 № 458).
Мушоҳидони байналмилалӣ бо тартиби муқарраргардида иҷозатнома гирифта, дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми доштани даъватнома аккредитатсия карда мешаванд. Даъватнома аз ҷониби мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди нашри расмии қарор дар бораи таъини рӯзи раъйпурсӣ фиристода мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз  31.12.2008 № 458).
Мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ ӯҳдадоранд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, риоя ва хулосаи худро дар асоси мушоҳида ва маводи воқеӣ таҳия намоянд (Қонуни конст. ҶТ аз  31.12.2008 № 458, аз 3.08.2018 № 1542).
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушоҳидони байналмилалӣ дар бораи аккредитатсияи онҳо шаҳодатномаи намунаи муқарраргардидаро медиҳад, Шаҳодатномаи мазкур ба мушоҳиди байналмилалӣ ҳуқуқ медиҳад, ки ҷараёни омодагӣ ва гузаронидани раъйпурсиро мушоҳида намояд (Қонуни конст. ҶТ аз  31.12.2008 № 458).
Мушоҳидони байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи давлат мебошанд (Қонуни конст. ҶТ аз  31.12.2008 № 458).
Мушоҳидони байналмилалӣ фаъолияти худро мустақилона ва озодона анҷом медиҳанд. Таъминоти моддию молиявии фаъолияти онҳо аз ҳисоби тарафе, ки онҳоро фиристодааст ё аз ҳисоби маблағи худи онҳо анҷом дода мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз  31.12.2008 № 458).
Дар сурати аз тарафи мушоҳидони байналмилалӣ вайрон намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳо ва меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияи мушоҳидони байналмилалиро бекор менамояд.
Фаъолияти мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ мувофиқан пас аз ба қайд гирифтан ва аккредитатсияи онҳо дар комиссияҳои дахлдори ҳавзавии раъйпурсӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, пас аз эълон гардидани натиҷаи пешакии раъйпурсӣ анҷом меёбад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542).
Мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ ҳуқуқ доранд: (Қонуни конст. ҶТ аз  31.12.2008 № 458)
- бо рӯйхати шаҳрвандони дар раъйпурсӣ иштироккунанда шинос шаванд;
- дар бинои овоздиҳӣ аз оғоз то анҷоми кори комиссияи участкавӣ ҳузур дошта бошанд;
- ба раъйдиҳандагон додани бюллетенҳои овоздиҳиро мушоҳида намоянд;
- ҳисоб кардани овозҳои раъйдиҳандагонро дар шароите, ки ба мушоҳидаи ҷараёни ҳисоби бюллетенҳои овоздиҳӣ имкон медиҳад. мушоҳида намоянд;
- бо протоколҳои комиссияҳои участкавӣ оид ба натиҷаи овоздиҳӣ ва комиссияҳои ҳавзавӣ дар бораи натиҷаи раъйпурсӣ шинос шаванд;
- ба намояндагони комиссияҳои раъйпурсӣ бе дахолат ба кори онҳо оид ба мушоҳидаи худашон иттилоъ диҳанд;
- аз қарор ва амали (беамалии) комиссияҳо ба комиссияи болоӣ ва ё суд шикоят намоянд (Қонуни конст. ҶТ аз  31.12.2008 № 458).
Мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ ҳуқуқ надоранд:
- бюллетенҳои овоздиҳиро ба раъйдиҳандагон супоранд;
- бо хоҳиши раъйдиҳандагон барои гирифтани бюллетен имзо гузоранд ва ё онро пур кунанд;
- ба раъйдиҳандагон таъсир расонанд, ба ҷараёни раъйпурсӣ дахолат намоянд ва дигар амале содир намоянд, ки махфӣ будани овоздиҳиро халалдор созад;
- бевосита дар ҳисоби бюллетенҳо, ки аз тарафи аъзои комиссия анҷом дода мешавад, иштирок намоянд;
- амале содир намоянд, ки ба кори комиссия оид ба гузаронидини раъйпурсӣ монеа шавад ва ё дар қабули қарори комиссияи дахлдор оид ба гузаронидани раъйпурсӣ иштирок намоянд;
- мақоми худро барои содир кардани амале, ки ба мушоҳидаи рафти раъйпурсӣ вобаста нест, истифода баранд (Қонуни конст. ҶТ аз  31.12.2008 № 458).
Моддаи 7. Таъминоти моддии раъйпурсӣ
Ҳароҷоти вобаста ба тайёр кардан ва гузаронидани раъйпурсӣ аз лаҳзаи қабули қарори таъини он аз ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо ба ихтиёри комиссияҳои раъйпурсӣ бино ва таҷҳизотеро, ки барои тайёр кардан ва гузаронидани раъйпурсӣ лозиманд, ройгон медиҳанд. Биноҳо ва таҷҳизоти корхонаю ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои кори комиссияҳои раъйпурсӣ дар асоси иҷора аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳурӣ истифода бурда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз  31.12.2008 № 458, аз 3.08.2018 № 1542).
БОБИ 2. ТАЪИН КАРДАНИ РАЪЙПУРСӢ
Моддаи 8. Ҳуқуқи таъин кардани раъйпурсӣ
 (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27)
Раьйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунанд  (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27).
Моддаи 9. Пешниҳоди таклиф дар бораи раъйпурсӣ
 (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27)
Ташаббуси пешниҳод оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳадди акал аз се як ҳиссаи умумии аъзо ва вакилони Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542).
Ташаббуси пешниҳод кардани таклиф дар бораи раъйпурсӣ ба ғайр аз масъалае, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудааст, ба на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад  (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27).
Моддаи 10. Тартиби амалӣ намудани ҳуқуқи ташаббуси пешниҳод кардани таклиф дар бораи гузаронидани раъйпурсӣ.
Таклиф дар бораи гузаронидани раъйпурсӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешииҳод карда мешавад  (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27).
Таклиф дар бораи гузаронидани раъйпурсӣ бояд инҳоро дар бар гирад: асоснок кардани зарурати гузаронидани раъйпурсӣ, возеҳ ифода намудани масъалаҳое, ки ба раъйпурсӣ гузошта мешаванд ва имзоҳои на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми тағйиру иловаҳо ба Конститутсия бошад, имзоҳои на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон  (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27).
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳоеро, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, муайян менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз  31.12.2008 № 458, аз 3.08.2018 № 1542).
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои воридшударо оид ба гузаронидани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз шаш моҳи баъди ворид шудани талабномаи гузаронидани раъйпурсӣ барраси менамояд  (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27).
хориҷ карда шуд  (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27).
Моддаи 10(1). Тартиби баррасии масъалаҳо оид ба раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни конст. ҶТ аз  31.12.2008 № 458)
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 10 рӯз пас аз ворид шудани ҳуҷҷатҳо ва маводҳои замимашуда дар бораи раъйпурсӣ онҳоро барои хулоса ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Муроҷиат ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ мешавад.
Баррасии масъалаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиб ва мӯҳлати муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542).
Дар ҳолати ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани масъалаҳои ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳодшаванда, ки аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати на дертар аз 15 рӯзи қабули қарори Суди конститутсионӣ дар бораи гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ ва масъалаҳои фарогири он қарор қабул менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542).
Дар ҳолати ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ набудани масъалаҳои ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳодшаванда, ки аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, ҳамаи расмиёте, ки Қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ намудааст, қатъ мегарданд (Қонуни конст. ҶТ аз  31.12.2008 № 458, аз 3.08.2018 № 1542).
Моддаи 11. Қабули қарор аз рӯи таклиф дар бораи гузаронидани раъйпурсӣ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи таклифи гузаронидани раъйпурсӣ ҳак дорад бо назардошти хулосаю мулоҳизаҳои кумитаҳо ва комиссияҳои дахлдор, инчунин Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз чунин қарорҳоро қабул намояд (Қонуни конст. ҶТ аз  31.12.2008 № 458):
а) дар бораи таъини раъйпурсӣ, санаи гузаронидани он ва тадбирҳои он;
б) дар хусуси рад намудани таклиф дар бораи таъини раъйпурсӣ;
в) дар хусуси қабул кардани қонун ё қарори дигар, ки дар таклиф дар бораи гузаронидани раъйпурсӣ пешниҳод шудааст бе гузаронидани раъйпурсӣ;
Қарори оид ба масъалаи гузаронидани раъйпурсӣ, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи 12-уми ҳамин Қонуни конститутсионӣ пешбинишуда қабул карда мешавад, агар ба тарафдории он беш аз нисфи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дода бошанд (Қонуни конст. ҶТ аз  31.12.2008 № 458).
Моддаи 12. Қабули қарор аз рӯи таклиф дар бораи дохил кардани тагйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
хориҷ карда шуд  (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27).
Қарор дар бораи қабули таклиф оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё на камтар аз нисфи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Қарор дар бораи гузаронидани раъйпурси оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27, аз 3.08.2018 № 1542).
Таклифҳо дар бораи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия се моҳ пеш аз раъйпурсӣ дар матбуот чоп мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542).
Агар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда бошад, он на пештар аз як сол такроран ба миён гузошта мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27). (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542)
Моддаи 13. Мӯҳлати гузаронидани раъйпурсӣ
Раъйпурсиро пештар аз ду моҳ ва дертар аз чор моҳи баъди рӯзи қабул кардани қарор дар бораи гузаронидани он гузаронидан мумкин нест.
Ин мӯҳлат аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27).
БОБИ 3. ТАЙЕРӢ БА РАЪЙПУРСӢ
Моддаи 14. Ҳавзаю участкаҳои раъйпурсӣ
Ҳавзаҳои раъйпурсӣ бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил карда мешаванд. Дар шаҳри Душанбе ҳавзаҳо дар ҳудуди ноҳияҳои он ташкил карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542).
Рӯйхати ҳавзаҳо бо зикри ҳудуду маҳалли воқеияти комиссияҳои ҳавзавӣ аз ҷониби Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз даҳ рӯзи баъди таъини раъйпурсӣ чоп карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27).
Участкаҳои раъйпурсӣ аз ҷониби комиссияҳои ҳавзавии раъйпурси аз рӯи тартиб ва меъёрҳои муқаррарнамудаи моддаҳои 21, 22-юми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ташкил карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27).
Дар сурати дар муҳлати ду моҳ гузаронидани раъйпурсӣ участкаҳои раъйпурсӣ на дертар аз рӯзи биступанҷуми баъд аз таъини раъйпурсӣ барпо мегарданд.
Дар ҳолати дар як рӯз бо интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани раъйпурсӣ, участкаҳои интихобот дар як вақт участкаҳои раъйпурсӣ низ мебошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27).
Моддаи 15. Комиссияҳои раъйпурсӣ
Барои омода кардан ва гузаронидани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои эайл ташкил карда мешаванд:
а) Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27);
б) Комиссияи ҳавзавии раъйпурсӣ;
в) Комиссияи участкавии раъйпурсӣ.
Ваколати комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии раъйпурсӣ аз лаҳзаи ташкили онҳо ба вуҷуд омада, баъд аз гузаштани як моҳ аз лаҳзаи чопи натичаҳои раъйпурсӣ қатъ мегардад.
Моддаи 16. Ташкили коммиссияҳои раъйпурсӣ.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун мақоми доимоамалкунанда мутобиқи моддаи 11 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ташкил мегарад (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27).
Комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мегарданд (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27).
Комиссияҳои участкавии раъйпурсӣ мутобиқи моддаҳои 16 ва 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ташкил карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27).
Дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ вазифаҳои раиси комиссияи участкавии раъйпурсиро роҳбари намояндагӣ иҷро мекунад.
Моддаи 17. Салоҳияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27)
1. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зайлро анҷом медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27):
1) дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои ҳамин Қонуни конститутсионӣ назорат карда, татбиқи яксони онро таъмин менамояд, дар доираи салоҳияти худ дастурҳо нашр карда, ин Қонуни конститутсиониро тавзеҳ медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542).
2) ҳавзаҳои раъйпурсиро ташкил мекунад;
3 )комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсиро ташкил менамояд ва дар бораи маҳалли воқеи онҳо маълумот чоп мекунад;
4) кори комиссияҳои раъйпурсиро ба роҳ мемонад, тартиби тағйир додани ҳайати онҳоро муайян менамояд, мустақилона ё бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон карорҳои комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсиро бекор мекунад, агар ин қарорҳо хилофи ҳамин Қонуни конститутсионӣ бошанд;
5) масъалаҳои ба ҳавзаи раъйпурсӣ мансуб кардани участкаҳои раъйпурсиеро, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мешаванд;
6) маблағро ба комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ тақсим мекунад, аз биноҳо, нақлиёт, воситаҳои алоқа таъмин гардидани комиссияҳои ҳавзавиро назорат менамояд, дигар масъалаҳои таъмини моддию техникии раъйпурсиро баррасӣ мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз  31.12.2008 № 458);
7) шакл ва матни бюллетени овоздиҳӣ, рӯйхати шаҳрвандоне, ки ба иштирок дар раъйпурсӣ ҳуқуқ доранд, протоколҳои маҷлисҳои комиссияҳои раъйпурсӣ, дигар ҳуҷҷатҳои раъйпурсӣ, намунаи қуттиҳои овоздиҳӣ ва мӯҳрҳои комиссияҳои раъйпурсӣ, тартиби ҳифзи ҳуҷҷатҳои раъйпурсиро муқаррар мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542);
8) тартиби иштироки мушоҳидони миллӣ ва баймалмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори маҳаллӣ ва хориҷиро муқаррар мекунад, онҳоро бо ҳуҷҷатҳои дахлдор таъмин менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз  31.12.2008 № 458);
9) гузориши роҳбарони вазорату кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро аз рӯи масъалаҳои тайёр кардан ва гузаронидани раъйпурсӣ мешунавад (Қонуни конст. ҶТ аз  31.12.2008 № 458);
10) натиҷаи раъйпурсиро дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст менамояд;
11) натиҷаи раъйпурсиро муқаррар намуда, дар матбуот чоп мекунад;
12) аризаю шикоятҳоро аз хусуси қарору амали (беамалии) комиссияҳои раъйпурсӣ баррасӣ менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542);
13) дигар ваколатҳои пешбиникардаи ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ мегардонад.
Моддаи 18. Салоҳияти комиссияи ҳавзавии раъйпурсӣ
Комиссияи ҳавзавии раъйпурсӣ корҳои зайлро анҷом медиҳад:
1) назорати иҷрои ҳамин Қонуни конститутсиониро дар ҳудуди ҳавза амалӣ менамояд;
2) участкаҳои раъйпурсӣ ташкил медиҳад, рақамҳои онҳоро муқаррар мекунад, комиссияҳои участкавии раъйпурсиро ташкил ва фаъолияти онҳоро танзим менамояд;
3) гузориши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони корхонаҳо муассисаҳо ва ташкилотҳоро, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, оид ба масъалаҳои тайёр кардан ва гузаронидани раъйпурсӣ мешунавад (Қонуни конст. ҶТ аз  31.12.2008 № 458);
4) маблағро дар байни Комиссияҳои укастквӣ тақсим карда, аз биноҳо, нақлиёт, воситаҳои алоқа таъмин гардидани комиссияҳои участкавиро назорат мекунад ва дигар масъалаҳои таъминоти моддию техникии раъйпурсиро дар ҳудуди ҳавза баррасӣ менамояд;
5) тартиб додани руйхатҳои шаҳрвандонеро, ки ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан доранд, назорат менамояд ва руйхатҳоро шиносоии умум мегузорад;
6) комиссияҳои участкавии раъйпурсиро бо бюллетенҳои овоздиҳӣ таъмин мекунад;
7) натиҷаи раъйпурсии ҳавзаро муқаррар намуда, онро ба комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ месупорад;
8) арзу шикоятҳои аз хусуси қарору амалӣ комиссияҳои участкавии раъйпурсӣ дохилшударо баррасӣ намуда, оид ба онҳо қарор қабул мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542);
9) мувофиқи ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳиятҳои дигарро низ анҷом медиҳад.
Моддаи 19. Салоҳияти комиссияи участкавии раъйпурсӣ.
Комиссияи участкавии раъйпурсӣ корҳои зайлро анҷом медиҳад:
1) доир ба участка рӯйхати шаҳрвандонеро, ки ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан доранд, тартиб медиҳад;
2) шаҳрвандонро бо рӯйхат шинос менамояд, аризаҳоро дар бораи ғалату носаҳеҳии рӯйхат қабул карда, баррасӣ менамояд ва масъалаи ба онҳо дохил кардани тағйироти дахлдорро ҳал мекунад;
3) аз шаҳрвандоне, ки имконият надоранд рӯзи раъйпурсӣ дар чои сукунати худ бошанд ва дар раъйпурсӣ ширкат варзанд, қарори дар лифофа муҳршудаи онҳоро мегирад ва махфияти изҳори иродаи интихобкунандагонро таъмин менамояд;
4) аҳолиро аз маҳалли воқеияти комиссияи участкавӣ, вақти кори он, ҳамчунин аз рӯзи раъйпурсӣ ва чои овоздиҳӣ огоҳ мекунад;
5) таҳияи хонаҳои овоздиҳӣ, қуттиҳои бюллетенандозӣ ва дигар таҷҳизотро таъмин менамояд;
6) дар рӯзи раъйпурсӣ дар участка овоздиҳиро ташкил мекунад;
7) овозҳои дар участка додашударо ҳисоб мекунад ва протоколро ба комиссияи дахлдори ҳавзавии раъйпурсӣ пешниҳод менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542);
8) аз рӯи масъалаҳои тайёр кардан ва гузаронидани раъйпурсӣ, ташкили овоздиҳӣ аризаву шикоятҳоро баррасӣ карда, оид ба онҳо қарорҳо қабул менамояд;
9) мувофиқи ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳиятҳои дигарро низ анҷом медиҳад.
Дар сурати дар як вакт гузаронидани раъйпурсӣ ва интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти комиссияҳои участкавии раъйпурсиро комиссияҳои участкавии интихобот анҷом медиҳанд (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27).
Моддаи 20. Узвият дар комиссияҳои раъйпурсӣ
Узви комиссияи раъйпурсӣ ҳангоми иҷрои ваколатҳои хеш бояд бетараф ва объективӣ бошад.
Узви комиссия аз рӯи аризааш, ҳамчунин дар ҳолати маҳрум шудан аз салоҳияташ метавонад аз иҷрои вазифаҳояш озод кард шавад.
Дар сурати талабҳои ҳамин Қонуни конститутсиониро риоя накардани узви комиссия ё мудом ба инобат нагирифтани вазифаҳои худ мақоме, ки комиссияро ташкил кардааст, ҳак дорад ӯро аз салоҳияташ маҳрум созад. Дар сурати зарурат узви дигари комиссия мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қонуни конститутсионӣ таъин карда мешавад.
Як шахс узви танҳо як комиссияи раъйпурсӣ буда метавонад.
Моддаи 21. Ташкили кори комиссияҳои раъйпурсӣ
Маҷлиси комиссияи раъйпурсӣ ҳамон вақт комилҳуқуқ ҳисоб меёбад, ки дар он на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати комиссия иштирок дошта бошад. Қарори комиссия бо овоздиҳии кушодаи аксарияти шумораи умумии аъзои дар маҷлис иштирокдоштаи комиссия қабул карда мешавад. Аъзоёни комиссия, ки бо қарори он розӣ нестанд, ҳак доранд фикри махсуси худро баён кунанд, ки он дар шакли хаттӣ ба протокол замима мегардад. Дар сурати тақсим шудани овозҳо, овози раисикунанда ҳалкунанда ҳисоб меёбад.
Иҷрои қарори комиссия, ки дар доираи салоҳияташ қабул шудааст, барои комиссияҳои поёнӣ, инчунин мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ, роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ҳатмӣ мебошад (Қонуни конст. ҶТ аз  31.12.2008 № 458).
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва макомоти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор вазифадоранд ба комиссияҳои раъйпурсӣ дар иҷрои салоҳияташон мадад расонанд, маълумотҳои барои корашон заруриро пешниҳод намоянд.
Комиссияи раъйпурсӣ ҳуқуқ дорад аз рӯи масъалаҳои вобаста ба тайёр кардану гузаронидани раъйпурсӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиходияҳои ҷамьияти, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, шахсони мансабдор муроҷиат намояд, ки онҳо вазифадоранд масъалаи ба миён гузошташударо баррасӣ карда, ба комиссия дар муҳлати на дертар аз се рӯз ҷавоб диҳанд (Қонуни конст. ҶТ аз  31.12.2008 № 458, аз 3.08.2018 № 1542).
Раис, муовини раис, котиб ё аъзои дигари комиссияро бо қарори он дар давраи тайёр кардан ва гузаронидани раъйпурсӣ аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё худ хизматӣ бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнаташ аз ҳисоби маблағе, ки барои гузаронидани раъйпурсӣ ҷудо гардидааст, озод кардан мумкин аст.
Моддаи 22. Баррасии шикоятҳо аз хусуси қарорҳои комиссияҳои раъйпурсӣ
Аз хусуси қарорҳои комиссияҳои раъйпурсӣ мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, коллективҳои меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба комиссияи болоии раъйпурсӣ ё суд дар давоми даҳ рӯзи қабул шудани Қарор шикоят кунанд. Аз хусуси Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ рӯзи баъди қабул шудани Қарор шикоят кардан мумкин аст. Шикоят бояд дар давоми се рӯзи баъди дохил шуданаш ва агар то рӯзи раъйпурсӣ камтар шаш рӯз монда бошад, фавран баррасӣ гардад.
Моддаи 23. Рӯйхати шаҳрвандоне, ки барои иштирок дар раъйпурсӣ ҳуқуқ доранд
Тартиб додан, барои шиносоӣ гузоштан ва аниқ кардани рӯйхати шаҳрвандоне, ки барои иштироқ дар раъйпурсӣ ҳуқуқ доранд, инчунин аз хусуси, он шикоят намуда, бо ҳамон тарзе сурат мегирад, ки мутобиқи моддаҳои 23, 24 ва 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои рӯйхати интихобкунандагон муқаррар карда шудааст (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27).
Ҳангоми дар як вақт гузаронидани раъйпурсӣ ва интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳам интихобот ва ҳам раъйпурсӣ рӯйхати ягона тартиб дода мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27).
Моддаи 24. Таъмини ҳуқуқӣ дар раъйпурсӣ иштироқ кардани шаҳрвандон дар сурати иваз намудани маҳаллӣ истиқомат
Дар давраи баъди барои шиносшавии умум гузошта шудани рӯйхати шаҳрвандоне, ки ҳуқуқӣ дар раъйпурсӣ иштирок кардан доранд ва то рӯзи раъйпурсӣ шаҳрванде, ки рӯзи раъйпурсӣ имкон надорад, дар чои сукунати худ бошад (сафари хизматӣ, фиристода шудан ба муассисаи табобатӣ ва ҳамин гуна сабабҳои дигар), ҳуқуқ дорад шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиққунандаи шахсияташро нишон дода, аз комиссияи участкавӣ бюллетени овоздиҳиро гирад, оид ба масъалаҳо ба бюллетен дохилшуда ба қароре омада, ин бюллетенро дар лифофаи сарбаста ба комиссияи овоздиҳӣ супорад. Комиссияи участкавӣ дар ин бобат дар рӯйхат қайди лозимӣ мекунад. Лифофаи сарбаста дар ҳузури шахси овоздиҳанда мӯҳр карда мешавад. Комиссияи участкавӣ барои ҳифозати ин лифофа ҷавобгар аст (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542).
Моддаи 25. Бюллетени овоздиҳӣ
Дар бюллетени овоздиҳӣ матни масъала ё лоиҳаи Қарори ба раъйпурсӣ гузошташуда ва вариантҳои изҳори иродаи овоздиҳанда: "тарафдор" ва "муқобил" чоп карда мешаванд.
Дар мавриди гузаронидани раъйпурсӣ доир ба лоиҳаҳои қарорҳои гуногун ҳамаи лоиҳаҳои қарорҳои ба раъйпурсӣ пешниҳодшуда дар бюллетенҳои алоҳидаи рангашон аз ҳам фарққунанда чоп карда шуда алоҳида ва новобаста аз якдигар овоз дода мешаванд.
Шакл ва матни бюллетенҳои овоздиҳиро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ на дертар аз 30 рӯз пеш аз рӯзи раъйпурсӣ тасдиқ мекунад. Комиссияи марказӣ ҳамчунин тайёр кардани бюллетенҳо ва бо онҳо таъмин намудани комиссияҳои ҳавзавиро ба ҷо меорад.
Бюллетенҳои овоздиҳӣ ба забони давлатӣ ва ба забоне, ки аксарияти аҳолии ҳавза аз он истифода мекунанд, чоп карда мешаванд ва онҳо бояд на кам аз як дараҷаи ҳифозат дошта бошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542).
Комиссияҳои ҳавзавӣ комиссияҳои участкавиро бо бюллетенҳои овоздиҳӣ на дертар аз се рӯз пеш аз рӯзи раъйпурсӣ таъмин менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27).
Маълумотро дар бораи додан ва гирифтани бюллетенҳои овоздиҳи раис, муовини раис ё котиби комиссияи ҳавзавӣ ва участкавӣ бо имзои худ тасдиқ мекунанд.
Биное, ки дар он бюллетенҳои овоздиҳӣ нигоҳ дошта мешаванд мӯҳр зада, ба муҳофизати мақомоти корҳои дохилӣ супорида мешавад.
БОБИ 4. ТАРТИБИ ОВОЗДИҲӢ ВА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАИ РАЪЙПУРСӢ
Моддаи 26. Вақт ва маҳалли овоздиҳӣ
Дар раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоздиҳӣ дар рӯзи раъйпурсӣ аз соати 6 то 20-и вақти маҳаллӣ гузаронида мешавад. Комиссияи участкавӣ дар бораи вақт ва маҳалли овоздиҳӣ шаҳрвандонро на аз 10 рӯз пеш аз рӯзи раъйпурсӣ хабардор мекунад.
Дар участкаҳое, ки дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, дар санаторияҳо, истироҳатгоҳҳо, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои муолиҷавии статсионарӣ, маҳалҳои маскунии дурдасту душворгузар ташкил гардидаанд, комиссияи участкавӣ дар сурате, ки ҳамаи овоздиҳандагони шомили рӯйхат овоз дода бошанд, метавонанд овоздиҳиро ҳар вақт хатмшуда эълон кунад.
Моддаи 27. Ташкили овоздиҳӣ
Овоздиҳӣ дар биноҳои махсус ҷудокардашудае гузаронида мешавад, ки онҳо бояд бо миқдори зарурии ҳуҷраҳо ё хонаҳо барои овоздиҳии маҳфӣ таҷҳизонида, ҷойҳои бюллетендиҳӣ муайян ва куттиҳо барои қабули бюллетенҳои гузошташуда бошад. Онҳо бояд тавре гузошта шаванд, ки овоздиҳандагон ҳатман аз ҳуҷра ё хонаи овоздиҳии махфӣ гузашта, баъд ба назди қуттиҳо биёянд.
Масъулият барои ташкили овоздиҳӣ, таъмини махфияти изҳори иродаи шаҳрванд, таҷҳизонидани бино ва дар он нигоҳ доштани тартиботи зарури бар души комиссияи участкавӣ мебошад.
Дар рӯзи раъйпурсӣ раиси комиссияи участкавӣ пеш аз саршавии овоздиҳи дар ҳузури ҳамаи аъзоёни комиссия, инчунин бо иштироки намояндагон (мушоҳидон), воситаҳои ахбори омма, ки дар бинои овоздиҳи ҳозиранд, куттиҳои овоздиҳиро аз назар гузаронида, баъд онҳоро муҳр мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз  31.12.2008 № 458, аз 3.08.2018 № 1542).
Ҳар шаҳрванд шахсан овоз медиҳад: ба ҷои шахси дигар овоз додан манъ аст. Бюллетенҳо аз тарафи комиссияи участкавӣ ва шаҳрвандон дар асоси рӯйхати шаҳрвандони участка бо нишон додани шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванд дода мешаванд. Ҳар шаҳрванд барои гирифтани бюллетени овоздиҳӣ ба рӯйхати шаҳрвандоне, ки барои иштирок дар раъйпурсӣ ҳуқуқ доранд, дар рӯ ба рӯи насаб, ном ва номи падари худ имзо мегузорад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542).
Моддаи 28. Тартиби овоздиҳӣ
Шаҳрванд бюллетени овоздиҳиро дар ҳуҷра ё хонаи овоздиҳии махфӣ пур мекунад. Ҳангоми пур кардани бюллетен ба ғайр аз овоздиҳанда ҳузури шахси дигар манъ аст. Шаҳрванде, ки имкон надорад мустақилона бюллетенро пур кунад, ҳак дорад аз рӯи салоҳдидаш ба хуҷра шахси дигарро, ки узви комиссияи участкавӣ набошад, даъват намояд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542).
Агар овоздиҳанда тарафдори масъалаи ба раъйпурсӣ гузошташуда бошад, дар бюллетени овоздиҳӣ дар квадрати холӣ, дар рӯ ба рӯи калимаи "тарафдор" аломати "+" мегузорад. Агар овоздиҳанда зидди масъалаи ба раъйпурсӣ гузошташуда бошад, дар квадрати холӣ, дар рӯ ба рӯи калимаи "муқобил" аломати "+" мегузорад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542).
Агар дар раъйпурсӣ якбора якчанд масъала гузошта шуда бошад овоздиҳандагон аз рӯи ҳар яки он бюллетен пур мекунанд.
Овоздиҳанда бюллетени пуркардаашро ба қуттии овоздиҳӣ меандозад.
Дар мавриде, ки шаҳрвандони алоҳида бинобар аҳволи саломатиташон ё бо сабабҳои дигар ба маҳалли овоздиҳӣ омада наметавонанд, комиссияи участкавӣ бо хоҳиши онҳо ба аъзоёни алоҳидаи комиссия супориш медиҳад, ки овоздиҳиро дар ҷои воқеъбудаи ин шаҳрвандон ташкил намояд, ки дар ин хусус дар рӯйхати шаҳрвандон қайд карда мешавад.
Шаҳрвандоне, ки бо ягон сабаб ба рӯйхат дохил нагардидаанд, дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва маҳалли зисти онҳо ба замимаи рӯйхати шаҳрвандон дохил карда мешаванд.
Моддаи 29. Ҳисоби овозҳо
Баъди аз хусуси анҷоми овоздиҳӣ хабар додани раис дар ҳузури аъзоёни комиссияи участкавӣ ба даруни қуттиҳои овоздиҳӣ лифофаҳои сарбастаи бюллетендоре, ки ҳангоми овоздиҳии пешакӣ истифода шудаанд андохта мешавад. Пеш аз кушодани қуттиҳои овоздиҳи комиссияи участкавӣ ҳамаи бюллетенҳои истифоданашударо ҳисоб карда бекор менамояд ва дар ин бора протокол тартиб медиҳад.
Баъди анҷоми овоздиҳиро эълон кардани раис комиссияи участкавӣ қуттиҳои овоздиҳиро дар ҳузури ҳамаи аъзоёни комиссия мекушояд. Кушодани қуттиҳо пеш аз анҷоми овоздиҳӣ манъ аст.
Дар асоси рӯйхатҳои овоздиҳӣ, аз ҷумла рӯйхатҳои иловагӣ, бо назардошти аризаҳои шаҳрвандон дар бораи овоздиҳии пеш аз мӯҳлат ва аризаҳо дар бораи овоздиҳӣ дар хона комиссия шумораи умумии шаҳрвандони участка, инчунин шумораи шаҳрвандони бюллетенгирифтаро ҳисоб мекунад. Бюллетенҳои дар қуттиҳои сайёри овоздиҳӣ буда алоҳида ҳисоб карда мешаванд. Дар ин маврид миқдори бюллетенҳо бо миқдори аризаҳои хаттӣ бо хоҳиши овоздиҳӣ дар хона муқоиса карда мешаванд. Аз рӯи шумораи бюллетенҳои дар қуттиҳои овоздиҳӣ буда комиссия инҳоро муқаррар мекунад:
шумораи шаҳрвандоне, ки дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд;
шумораи овозҳое, ки ба тарафдории масъала ё таклифи дар раъйпурсӣ гузошта дода шудаанд;
шумораи овозҳое, ки ба муқобили масъала ё таклифи дар раъйпурсӣ гузошта дода шудаанд;
шумораи бюллетенҳое, ки беэътибор дониста шудаанд.
Бюллетенҳое, ки дар онҳо ҳеҷ кадоме аз вариантҳои ҷавоб хат зада нашудааст, ё ҳар ду вариант хат зада шудааст, инчунин бюллетени намунааш тасдиқнашуда беэътибор дониста мешаванд. Дар мавриди пайдо шудани шубҳа дар бораи ҳақиқи будан ё набудани бюллетен комиссияи участкавӣ қарор қабул намуда, шумораи чунин бюллетенҳоро дар протокол қайд мекунад.
Натиҷаи овоздиҳӣ дар ҳар участкаи овоздиҳӣ ҳисоб карда мешавад. Агар дар раъйпурсӣ дар як вақт якчанд масъала монда шуда бошад, ҳисоби овозҳо оид ба ҳар кадоми онҳо алоҳида сурат мегирад.
Моддаи 30. Протоколи натиҷаи овоздиҳӣ
Натиҷаи ҳисоби овозҳо дар маҷлиси комиссияи участкавӣ тафтиш ва муҳоқима гардида, ба протоколе, ки ду нусха тартиб меёбад, дохил карда мешавад.
Протокол бо ранг ё ручкаҳои шарикдор пур карда шуда, ҳамаи аъзои комиссияи участкавӣ ба он имзо мегузоранд ва он бо муҳр тасдиқ мегардад.
Нусхаи аввали протокол ба комиссияҳои ҳавзавӣ супурда, нусхаи дуюм барои нигоҳдорӣ дар комиссияи участкавӣ монда мешавад.
Комиссияи ҳавзавӣ дар асоси протоколҳои комиссияҳои участкавӣ маълумотҳои гирифтаашро ҷамъбаст мекунад, онҳоро тафтиш менамояд ва баъди муҳокима протоколи ҷамъбастиро дар ду нусха тартиб дода, ба он раис, муовини раис, котиб ва аъзои комиссия имзо мегузоранд ва он бо муҳр тасдиқ карда мешавад. Нусхаи аввалии он фавран ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ фиристода ё ба тарзи дигар интиқол карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542).
Комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии раъйпурсӣ баъди ҳисоб кардани овозҳо нусхаҳои протоколҳо ва бюллетенҳои сарбастаи муҳршударо аз ҷумла бюллетенҳои бекоршударо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои дахлдор месупоранд, ки дар он ҷо муддати ду моҳ нигоҳ дошта шуда, баъд агар дар ин муддат оид ба натиҷаи раъйпурсӣ эътироз нашуда бошад онҳоро бо роҳи сӯзондан  нобуд мекунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27, аз 3.08.2018 № 1542).
Маълумот оид ба натиҷаи раъйпурсӣ дар ҳавза аз тарафи комиссияи дахлдори ҳавзавӣ дар муҳлатҳои муқарраркардаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбуот чоп карда мешавад. Дар маълумот шумораи умумии шаҳрвандони дар рӯйхати ҳавза дохилгардида , шумораи шаҳрвандони дар овоздиҳӣ иштирокнамуда, шумораи ҷавобҳои "тарафдор" ва шумораи ҷавобҳои "муқобил", ки алоҳида барои ҳар як саволи ба раъйпурсӣ гузошташуда дода шудааст, шумораи бюллетенҳои беэътибор донисташуда нишон дода мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27, аз 3.08.2018 № 1542).
Моддаи 31. Ҷамъбасти натиҷаи раъйпурсӣ
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси протоколҳои ҳамаи комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ инҳоро муайян мекунад;
теъдоди шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан доранд;
теъдоди шаҳрвандоне, ки бюллетен гирифтаанд;
теъдоди шаҳрвандоне, ки дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд;
теъдоди овозҳое, ки ба тарафдории масъала ё таклифи дар раъйпурсӣ гузошта дода шудаанд;
теъдоди овозҳое, ки ба муқобили масъала ё таклифи дар раъйпурсӣ гузошта дода шудаанд;
теъдоди бюллетенҳое, ки беэътибор дониста шудаанд.
Агар дар овоздиҳӣ камтар аз нисфи шаҳрвандоне ширкат варзанд, ки ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок карданро доранд, раъйпурсӣ барпонашуда дониста мешавад. Дар ин сурат раъйпурсӣ оид ба ҳамин масъала метавонад на пештар аз ду сол доир гардад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542).
Қарор дар бораи масъалаҳои ба раъйпурсӣ гузошташуда, дар бораи дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда ҳисоб меёбад, агар ба тарафдории он зиёда аз нисфи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар раъйпурсӣ иштирок кардаанд, овоз дода бошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542).
Агар ба раъйпурсӣ вариантҳои алтернативии қарор дохил шуда бошанду ягонтои онҳо миқдори зарурии овозҳоро нагирифта бошанд, ҳамаи вариантҳо радшуда дониста мешавад ва такроран ба раъйпурсӣ гузоштани онҳо камаш баъд аз як сол сурат мегирад.
Натиҷаи раъйпурсӣ бинобар вайрон карда шудани ҳамин Қонуни конститутсионӣ дар рафти раъйпурсӣ ё ҳангоми ҳисоби овозҳо, ки ба натиҷаи овоздиҳи таъсир расонидааст, метавонад беэътибор дониста шавад. Дар сурати ошкор намудани чунин вайронкориҳо аз хусуси натиҷаи раъйпурсӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як моҳ шикоят кардан мумкин аст.
Дар ҳолати аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шудани натиҷаи раъйпурсӣ дар мӯҳлати ду моҳ тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қонуни конститутсионӣ такроран раъйпурсӣ гузаронида мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27).
Моддаи 32. Нашр ва эътибор пайдо кардани қароре, ки дар раъйпурсӣ қабул шудааст
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи пешакии раъйпурсии умумихалқиро аз тариқи воситаҳои ахбори омма дар муддати 24 соати пас аз ба охир расидани раъйпурсии умумихалқӣ эълон мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542).
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоотро дар бораи натиҷаи ниҳоии раъйпурсии умумихалқӣ дар муддати на дертар аз даҳ рӯзи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ дар матбуот чоп мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542).
Дар сурати дар ягон ҳавза ё участка беэътибор дониста шудани натиҷаи овоздиҳӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳак дорад ба комиссияи дахлдор супориш диҳад, ки дар давоми ду ҳафта дар ҳамин ҳавза ва ё участка овоздиҳии такрорӣ гузаронад. Аз хусуси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мумкин аст ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як ҳафта аз рӯзи қабули он шикоят карда шавад (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27).
Қарори дар раъйпурси қабулшуда на дертар аз ҳафт рӯзи овоздиҳии охирини оид ба масъалаи ба раъйпурсӣ гузошташуда нашр мешавад ва аз рӯзи нашр шуданаш эътибор пайдо мекунад, ба шарте ки дар худи қарори раъйпурсӣ мӯҳлати дигаре пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542).
Моддаи 33. Тағйир додан ва бекор кардани қарори қабул кардаи раъйпурсӣ
Қарореро, ки дар раъйпурсӣ қабул шудааст, фақат тавассути раъйпурсӣ тағйир додан ё бекор кардан мумкин аст.
Моддаи 34. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур
(Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542)
Шахсоне, ки бо роҳи зуроварӣ, фиреб, таҳдид, бо ришва харидан ё дигар монеи озодона амалӣ гардидани ҳуқуқи шаҳрвандон барои иштирок дар раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд, инчунин мансабдорони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, масъулини иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, аъзоёни комиссияҳои раъйпурсӣ, ки ба сохтори ҳуҷҷатҳо, изофанависӣ, дидаю дониста нодуруст ҳисоб кардани овозҳо роҳ дода, махфияти овоздиҳиро вайрон кардаанд, мувофиқи тартиби муқарраркардаи Қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз  31.12.2008 № 458).
Президенити
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Ш. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
4 ноябри соли 1995 № 106
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз лаҳзаи расман нашр гардиданаш мавриди амал қарор дода шавад.
2.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 1991 "Дар бораи овоздиҳии халқ (раъйпурси). (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, №3, моддаи 34)" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. РАҶАБОВ
ш. Душанбе
 4 ноябри соли 1995 №107
 

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАЪМУРИЮ ҲУДУДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 15/01/2020 - 11:54
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Рақам: 
1001
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
12.12.2012
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАЪМУРИЮ ҲУДУДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492)
 
Қонуни конститутсионии мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ, салоҳият ва ваколати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳотро дар ҳалли масъалаҳои таъсису барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин, муқаррар намудану таљйир додани сарҳади онҳо, номгузорию номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин, баҳисобгирию бақайдгирии онҳо, ҳамчунин масъалаҳои дигари вобаста ба сохти маъмурию ҳудудиро муайян менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни конститусионии  мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492):
- сохти маъмурию ҳудудӣ - тақсим кардани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ бо мақсади самаранок ташкил намудани идоракунии давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- воҳиди маъмурию ҳудудӣ - ҳудуди тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур муайяншудае, ки ҳудуди як ё якчанд маҳалҳои аҳолинишин ва ҳудудҳои дигари беаҳолиро муттаҳид намуда, дар он мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот мутаносибан идоракунии давлатӣ ё фаъолияти худидоракуниро амалӣ менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492); 
- маҳалли аҳолинишин - ҳудуди муайяни ҷои зисти аҳолӣ, ки дар он равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сохтори демографии аҳолӣ, шуљли онҳо ташаккул ёфта, сохтмон ва навсозии манзилҳои истиқоматӣ, дигар биною иншоот ҷиҳати пешбурди ҳаёту фаъолияти аҳолӣ амалӣ гашта, номи худ ва мувофиқи тартиби муқарраршуда марзи муайян дорад;
- вилоят - воҳиди маъмурию ҳудудӣ мазкур ҷойгирифтаро муттаҳид намуда, дар он идоракунии давлатӣ бо назардошти манфиатҳои ҷомеа дар маҳалҳо ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатию худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- шаҳр - маҳалли аҳолинишин, ки ҳамчун воҳиди маъмурию ҳудудӣ ба қайд гирифта шуда, дар он идоракунии давлатӣ бо назардошти манфиатҳои ҷомеа дар маҳалҳо амалӣ карда мешавад. Шаҳр ҳамчун воҳиди маъмурию ҳудудӣ метавонад ҳудуди ноҳия, шаҳрак ва деҳотро муттаҳид намояд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- ноҳия - воҳиди маъмурию ҳудудӣ, ки шаҳракҳо ва деҳоти дар ҳудуди муқарраргардидаи ноҳияи мазкур ҷойгирифтаро муттаҳид намуда, дар он идоракунии давлатӣ бо назардошти манфиатҳои ҷомеа дар маҳалҳо ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатию худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- шаҳрак - маҳалли аҳолинишин, ки ҳамчун воҳиди маъмурию ҳудудӣ ба қайд гирифта шуда, дар он худидоракунии маҳаллӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Дар ҳудуди шаҳрак мумкин аст маҳалҳои аҳолинишини дигар, ки воҳидҳои маъмурию ҳудудии алоҳида нестанд, ташкил карда шаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- деҳот - воҳиди маъмурию ҳудудӣ, ки аз як ё якчанд деҳаҳо иборат буда, дар он худидоракунии маҳаллӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- деҳа - ҳудуди муайяни ҷои зисте, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маҳалли аҳолинишин ба қайд гирифта шуда, дар он дараҷаи муайяни ободонӣ таъмин карда шудааст;
- маркази маъмурӣ - маҳалли аҳолинишин, ки дар он мақомоти идоракунандаи ҳокимияти давлатӣ ё худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷойгир шудаанд;
- бақайдгирии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин - амали мақоми ваколатдори давлатии бақайдгирии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин (минбаъдмақоми ваколатдори давлатӣ) дар бораи ба расмият даровардан ва ба Феҳристи ягонаи бақайдгирии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин (минбаъд - Феҳристи бақайдгирӣ) дохил намудани воқеияти таъсис ва барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, таљйир додани сарҳади онҳо, ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишин, муқаррар кардан ва ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, номгузорӣ ва номивазкунии онҳо (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- баҳисобгирии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин - амали баъди бақайдгирӣ аз тарафи мақомоти дахлдори маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба Феҳристи баҳисобгирии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин (минбаъд - Феҳристи баҳисобгирӣ) дохил кардан ва аз он хориҷ намудани маълумот дар бораи воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ
(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
Моддаи 3. Принсипҳои асосии ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ
(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492)
Ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492):
- тақсимнашаванда ва дахлнопазир будани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мувофиқати манфиатҳои умумидавлатӣ ва манфиатҳои аҳолие, ки дар ҳудуди дахлдор зиндагӣ мекунад;
- ваколатҳои худро амалӣ намудани мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳудуди воҳиди маъмурию ҳудудии дахлдор (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- гуногуншаклии вазъи ҳуқуқии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ мутобиқи таъиноти онҳо, хусусиятҳои маҳал, сатҳи рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва дигар омилҳо (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- ошкорбаёнӣ ва ба ҳисоб гирифтани афкори умум ҳангоми ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
Моддаи 4. Воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва ҳудуди онҳо
(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492)
1. Ба воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳот, ки дар онҳо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот ташкил карда шудаанд, дохил мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
2. Ба ҳар як воҳиди маъмурию ҳудудӣ бо мақсади муайян намудани доираи ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот ном гузошта, сарҳад ва маркази маъмурие, ки дар он мақомоти мазкур ҷойгир шудаанд, муқаррар карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
3. Ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи сохти маъмурию ҳудудӣ ба ҳудуди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тақсим мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
4. Ҳудуди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ҳамчун воҳиди маъмурию ҳудудӣ ба ҳудуди ноҳияҳои тобеи шаҳр тақсим мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
5. Ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ҳамчун воҳиди маъмурию ҳудудӣ ба ҳудуди шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи вилоят тақсим мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
6. Ҳудуди шаҳр ҳамчун воҳиди маъмурию ҳудудӣ, ки маҳалҳои аҳолинишини дигарро муттаҳид намудааст, ба ҳудуди шаҳр, шаҳрак ва деҳот, ки воҳиди маъмурию ҳудудии алоҳида мебошанд, тақсим мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
7. Ҳудуди ноҳия ҳамчун воҳиди маъмурию ҳудудӣ ба ҳудуди шаҳрак ва деҳот, ки воҳидҳои маъмурию ҳудудии алоҳида мебошанд, тақсим мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
8. Ҳудуди шаҳрак ҳамчун воҳиди маъмурию ҳудудии маҳалҳои аҳолинишини дигарро муттаҳидкунанда ба ҳудуди шаҳрак ва маҳалҳои аҳолинишине, ки воҳиди маъмурию ҳудудии алоҳида нестанд, тақсим мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
9. Ҳудуди деҳот ҳамчун воҳиди маъмурию ҳудудӣ ба ҳудуди маҳалҳои аҳолинишине, ки воҳиди маъмурию ҳудудӣ алоҳида нестанд, тақсим мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
Моддаи 5. Маҳалҳои аҳолинишин
1. Ба маҳалҳои аҳолинишин шаҳрҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо дохил мешаванд.
2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрҳо аз рӯи тобеият ба категорияҳои зерин тақсим мешаванд:
- шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ;
- шаҳрҳои тобеи вилоят.
3. Маҳалҳои хурди истиқоматии аҳамияти муваққатидошта, ки истиқоматкунандагони доимӣ надоранд ё объектҳои таъиноти хизматӣ мебошанд (хонаҳои ҷангалбонон, бошишгоҳҳои саҳроӣ, пойгоҳҳои обуҳавосанҷӣ, хонаҳои устоҳои минтақаҳои роҳсозӣ ва љайра), инчунин ҳавлиҳои алоҳида маҳалли аҳолинишин ҳисобида намешаванд ва ба он маҳалҳои аҳолинишине тааллуқ доранд, ки бо онҳо аз ҷиҳати муносибатҳои хоҷагӣ, маъмурӣ ва ҳудудӣ алоқаманд мебошанд.
Моддаи 6. Категорияҳои маҳалҳои аҳолинишин
1. Маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи нишондодҳои зерин ба категорияҳо ҷудо мешаванд:
- шумораи аҳолии дар онҳо истиқоматкунанда;
- сатҳи рушд ва махсусгардонии инфрасохтори истеҳсолӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ;
- амалӣ намудани вазифаҳои давлатӣ дар ҳудуди дахлдор.
2. Ба категорияи шаҳрҳо дохил мешаванд:
- шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақоми он бо қонун муайян карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- шаҳрҳое, ки ҳамчун маҳалҳои аҳолинишин марказҳои нисбатан калони иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, ҳамзамон воҳиди маъмурию ҳудудии алоҳида мебошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- шаҳрҳое, ки ҳамчун маҳалҳои аҳолинишин марказҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маъмурӣ ба ҳисоб рафта, ба сифати воҳиди маъмурию ҳудудӣ ҳудуди шаҳрак ва деҳотро низ муттаҳид гардонидаанд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
3. Ба категорияи шаҳрҳо маҳалҳои аҳолинишине мансуб дониста мешаванд, ки марказҳои маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ буда, корхонаҳои саноатӣ, сохтмону нақлиёт, хоҷагии коммуналӣ, фонди давлатии манзил, шабакаи ташкилотҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва савдою хизматрасонӣ дошта, теъдоди аҳолии онҳо аз 10 ҳазор нафар кам нест. Дар мавридҳои алоҳида ба категорияи шаҳрҳо маҳалҳои аҳолинишинеро низ дохил кардан мумкин аст, ки теъдоди аҳолии онҳо аз 10 ҳазор камтар буда, вале дар ояндаи наздик барои рушди иқтисодиёт ва афзоиши аҳолӣ имконият доранд.
4. Ба категорияи шаҳракҳо маҳалҳои аҳолинишине мансуб дониста мешаванд, ки дар ҳудуди онҳо объектҳои муҳими иқтисодӣ (ташкилотҳои саноатӣ, сохтмонӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан ва љайраҳо), ҳамчунин муассисаҳои таълимӣ, табобатию солимгардонӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, ташкилотҳои савдо, хӯроки умумӣ, хизматрасонии коммуналӣ воқеъ гардида, на камтар аз 2 ҳазор нафар аҳолӣ дошта бошанд. Дар ҳолатҳои истисноӣ ба категорияи шаҳракҳо маҳалҳои аҳолинишини теъдоди аҳолиашон аз 2 ҳазор нафар камтарро низ дохил кардан мумкин аст, агар онҳо маркази маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҳисобида шуда, дар ояндаи наздик барои рушди иқтисодиёт ва афзоиши аҳолӣ имконияти воқеӣ дошта бошанд.
5. Ба категорияи деҳаҳо маҳалҳои аҳолинишине мансуб дониста мешаванд, ки ба дараҷаи муайяни ободонӣ ноил гардида, теъдоди аҳолии онҳо на камтар аз 50 нафарро ташкил медиҳад ва аз нисф зиёди аҳолии онҳо ба фаъолияти кишоварзӣ машљул мебошанд. Дар ҳолатҳои истисноӣ ба категорияи деҳа маҳалҳои аҳолинишини дурдаст ва мушкилгузареро низ дохил кардан мумкин аст, ки теъдоди аҳолии онҳо аз 50 нафар камтар мебошад.
Моддаи 7. Воҳидҳои ҳудудӣ
1. Ҳудудҳои истифодаи низоми махсус (мамнуъгоҳҳо, бољҳои табиии давлатӣ, парваришгоҳҳо, ёдгориҳои таърихӣ, ёдгориҳои табиат, ҳудудҳои таъиноти мудофиавӣ ва дигар ҳудудҳо) воҳидҳои ҳудудӣ мебошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
2. Таъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, истифодабарӣ, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии воҳидҳои ҳудудӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 8. Банақшагирии рушди ҳудудӣ дар воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ
(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492)
Банақшагирии рушди минбаъдаи маҳалҳои аҳолинишин ва воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ дар асоси баҳисобгирии маҷмӯии вазъияти мавҷудаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, экологӣ, шаҳрсозӣ ва шароити дигар дар ҳудуди воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
БОБИ 2. САЛОҲИЯТУ ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ ОИД БА ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАЪМУРИЮ ҲУДУДӢ
(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492)
Моддаи 9. Салоҳияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ
(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492)
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо назардошти қарорҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва маҷлисҳои аҳолии ҳудудҳои дахлдор:
- таъсис, таљйир, барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, муқаррар намудани маркази маъмурӣ ва ба ҷои дигар кӯчонидани онҳоро муайян менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- сарҳади воҳидҳои маъмурию ҳудудиро муқаррар мекунад ва таљйир медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- мансубияти маҳалҳои аҳолинишинро ба категорияҳои шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоят, шаҳрак ва деҳа муайян мекунад ва таљйир медиҳад;
- масъалаҳои номгузорӣ ва номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишинро ҳал менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
Моддаи 10. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ
(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис ва барҳамдиҳии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин, муқаррар намудану таљйир додани марказҳои маъмурӣ ва сарҳади онҳо, номгузориву номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин пешниҳод ирсол менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин ба категорияҳои шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоят, шаҳрак ва деҳа, таљйир додани тобеияти онҳо пешниҳод ирсол мекунад;
- оид ба баррасии масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ комиссия таъсис медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
Моддаи 11. Ваколати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ
(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492)
1. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо дар мавриди ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492):
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят дар бораи таљйири сарҳади Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, таъсис ва барҳам додани ноҳияҳо, шаҳрак ва деҳот дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, муқаррар кардану ба ҷои дигар кӯчонидани марказҳои маъмурии онҳо, мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин ба категорияи шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоят, шаҳрак ва деҳа ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба муқаррар намудану таљйир додани сарҳади шаҳру ноҳияҳои тобеи вилоят, шаҳрак ва деҳот ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;
- бо назардошти афкори аҳолии ҳудудҳои дахлдор ва қарори мақомоти дахлдори маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳия оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳалҳои аҳолинишин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;
- оид ба баррасии пешакии масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии дахлдор комиссия таъсис медиҳанд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- Феҳристи баҳисобгириро дар ҳудуди дахлдор пеш мебаранд.
2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавриди ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492):
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо дар бораи таљйири сарҳади шаҳр, таъсис ва барҳам додани ноҳияҳои шаҳр ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба муқаррар намудану таљйир додани сарҳади ноҳияҳои шаҳр ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;
- бо назардошти афкори аҳолии ноҳияҳои шаҳр ва қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи дахлдор оид ба номгузорӣ ва номивазкунии ноҳияҳои шаҳр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ноҳияҳои шаҳр ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;
- оид ба баррасии пешакии масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии шаҳри Душанбе комиссия таъсис медиҳанд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- Феҳристи баҳисобгириро дар ҳудуди шаҳр пеш мебаранд.
3. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳои тобеи вилоят дар мавриди ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492):
- ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо дар бораи таљйир додани сарҳади шаҳрҳо, аз ҷумла дар бораи ба ҳайати онҳо дохил намудани маҳалҳои аҳолинишини алоҳида, ба категорияи шаҳрак ва деҳа мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин, дар бораи таъсис ва барҳам додани шаҳрак ва деҳот, таљйирёбии тобеияти онҳо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;
- бо назардошти қарори маҷлисҳои аҳолии ҳудудҳои дахлдор барои номгузорию номивазкунии шаҳр, шаҳрак, деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;
- оид ба баррасии пешакии масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии дахлдор комиссия таъсис медиҳанд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- Феҳристи баҳисобгириро дар ҳудуди дахлдор пеш мебаранд.
4. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳамаи маводи дар қисми 3 моддаи мазкур зикргардидаро бевосита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоянд.
5. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои тобеи вилоят дар мавриди ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492):
- ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо дар бораи ба категорияи шаҳрак ва деҳа мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин, дар бораи таъсис ва барҳам додани шаҳрак ва деҳот, таљйирёбии тобеияти онҳо, таљйир додани сарҳади ноҳия, шаҳрак ва деҳот қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;
- бо назардошти қарори маҷлисҳои аҳолии ҳудуди дахлдор барои номгузорӣ ва номивазкунии ноҳия, шаҳрак, деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;
- оид ба баррасии пешакии масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии дахлдор комиссия таъсис медиҳанд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- Феҳристи баҳисобгириро дар ҳудуди дахлдор пеш мебаранд.
6. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳамаи маводи дар қисми 5 моддаи мазкур зикргардидаро бевосита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоянд.
Моддаи 12. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ
(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492)
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар бораи ба категорияи шаҳрак ва деҳа мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин, номгузорӣ ва номивазкунии шаҳрак ва деҳот, маҳалҳои аҳолинишин, муқаррар намудани сарҳад ва марказҳои маъмурии онҳо қарори Ҷамоат ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
БОБИ 3. ТАРТИБИ ТАЪСИС ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ВОҲИДҲОИ МАЪМУРИЮ ҲУДУДӢ, МАҲАЛҲОИ АҲОЛИНИШИН ВА ТАЉЙИР ДОДАНИ САРҲАДИ ОНҲО
(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492)
Моддаи 13. Таъсис ва барҳам додани вилоятҳо ва таљйири сарҳади онҳо
1. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вилоятҳоро таъсис ва барҳам медиҳад. Ҳангоми таъсис додани вилоят сарҳад, тақсимоти шаҳрию ноҳиявӣ ва маркази маъмурии он муқаррар карда мешавад.
2. Таљйир додани сарҳади вилоятҳо ва ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурии онҳо аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлисҳои вакилони халқи дахлдор амалӣ мегардад.
3. Сарҳади Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бе ризоияти Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таљйир дода намешавад.
Моддаи 14. Таъсис ва барҳам додани шаҳр, шаҳрак ва таљйири сарҳади онҳо
1. Таъсис ва барҳам додани шаҳр, шаҳрак ҳамчун воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ҳангоми ба категорияи шаҳр ва шаҳрак мансуб донистани маҳалли аҳолинишин бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи дахлдор аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
2. Таљйир додани сарҳади шаҳр ва шаҳрак аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси вакилони халқи дахлдор амалӣ мегардад.
Моддаи 15. Таъсис ва барҳам додани ноҳияҳо ва таљйири сарҳади онҳо
1. Ноҳияҳоро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи дахлдор таъсис ва барҳам медиҳад. Ҳангоми таъсис додани ноҳия сарҳад ва маркази маъмурии он, дар вақти таъсис додани ноҳияи тобеи шаҳр бошад, сарҳади он муайян карда мешавад.
2. Таљйир додани сарҳади ноҳияҳо ва ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурии онҳо аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси вакилони халқи дахлдор амалӣ карда мешавад.
Моддаи 16. Таъсис ва барҳам додани деҳот ва таљйири сарҳади онҳо
Таъсис ва барҳам додани деҳот, таљйири сарҳади онҳо ва ба ҷои дигар кӯчонидани марказҳои маъмурии онҳо аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси вакилони халқи дахлдори ноҳия, шаҳр, вилоят сурат мегирад. Ҳангоми таъсис додани деҳот сарҳад ва маркази маъмурии он муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 17. Ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишин
Ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишин аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси вакилони халқи дахлдори ноҳия, шаҳр, вилоят сурат мегирад.
БОБИ 4. НОМГУЗОРИВУ НОМИВАЗКУНИИ ВОҲИДҲОИ МАЪМУРИЮ ҲУДУДӢ, МАҲАЛҲОИ АҲОЛИНИШИН ВА ҚИСМҲОИ ТАРКИБИИ ОНҲО
(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492)
Моддаи 18. Талабот ба номгузориву номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин
(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492)
1. Номгузориву номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин бо назардошти манфиатҳои умумидавлатӣ, шароити ҷуљрофӣ, таърихӣ, миллӣ, табиӣ ва шароити дигари маҳал, инчунин қарори маҷлиси аҳолии маҳалли дахлдор амалӣ мегардад (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
2. Ҳангоми номгузорӣ ва номивазкунии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳракҳо, деҳот ва деҳаҳо дар ҳудуди шаҳрҳо ва ноҳияҳо такроран гузоштани номҳое, ки дар ин воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин мавҷуданд, манъ аст (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
3. Хароҷоти молиявию моддии вобаста ба номгузорию номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин аз ҳисоби буҷети маҳаллие пардохт мегардад, ки ин воҳиди маъмурию ҳудудӣ ва маҳалли аҳолинишин дар он ҷойгиранд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
4. Ба воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин гузоштани номи ходимони барҷастаи ҷамъиятию сиёсӣ ва илму фарҳанг, ки дар қайди ҳаёт нестанд, мумкин аст (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
Моддаи 19. Номгузорӣ ва номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин
(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492)
1. Номгузорӣ ва номивазкунии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳот ва деҳаҳоро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот бо назардошти қарори маҷлисҳои аҳолии ҳамин воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалли аҳолинишин амалӣ менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
2. Номгузории вилоятҳо, ноҳияҳо ва деҳот дар вақти таъсиси онҳо, шаҳрҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо дар мавриди ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин амалӣ карда мешавад.
Моддаи 20. Номгузорӣ ва номивазкунии қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишин
1. Номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, бољҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишин мувофиқан аз тарафи Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад.
2. Ҳангоми номгузорӣ ва номивазкунии қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишин такроран гузоштани номҳое, ки дар ин маҳалҳои аҳолинишин мавҷуданд, манъ аст.
3. Бо номи шахсони дар қайди ҳаётбуда номгузорӣ кардани қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишин манъ аст.
Моддаи 21. Номгузорӣ ва номивазкунии объектҳои дигар
Номгузорӣ ва номивазкунии объектҳои дигар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
БОБИ 5. БАҚАЙДГИРӢ ВА БАҲИСОБГИРИИ ВОҲИДҲОИ МАЪМУРИЮ ҲУДУДӢ ВА МАҲАЛҲОИ АҲОЛИНИШИН
(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492)
Моддаи 22. Бақайдгирӣ ва баҳисобгирии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин
(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492)
1. Воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишине, ки марзи муайян ва аҳолии муқимӣ доранд, ҳамчун ҳудудҳои алоҳида ба қайд ва ба ҳисоб гирифта мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
2. Маҳалҳои хурди истиқоматии аҳамияти муваққатидошта, ки истиқоматкунандагони муқимӣ надоранд (хонаҳои ҷангалбонон, бошишгоҳҳои саҳроӣ, пойгоҳҳои обуҳавосанҷӣ, хонаҳои устоҳои минтақаҳои роҳсозӣ ва љайра), ба қайд ва ба ҳисоб гирифта намешаванд.
Моддаи 23. Тартиби бақайдгирӣ ва баҳисобгирии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин
(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492)
1. Бақайдгирии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ пас аз таъсис додан ва маҳалҳои аҳолинишин пас аз ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа мансуб донистан ва қабули қарори дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Феҳристи бақайдгирӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, анҷом дода мешавад. Тартиби бақайдгирии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишинро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
2. Феҳристи бақайдгирӣ нишондиҳандаҳои зеринро дар бар мегирад:
- рақами тартибӣ;
- санаи таъсис дода шудан ё асос ёфтани воҳиди маъмурию ҳудудӣ ва ба категорияи шаҳр, шаҳрак, деҳа мансуб дониста шудани маҳалли аҳолинишин (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- масоҳати воҳиди маъмурию ҳудудӣ ва маҳалли аҳолинишин (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- теъдоди аҳолии воҳиди маъмурию ҳудудӣ ва маҳалли аҳолинишин (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- масофа то пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази маъмурии вилоят, шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот бо андозаи километр;
- шумораи воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалли аҳолинишин дар воҳиди маъмурию ҳудудии ба қайд гирифташаванда (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
3. Ҳангоми таљйир додани сарҳади воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурии онҳо, номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин ба Феҳристи бақайдгирӣ таљйироти дахлдор ворид карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
4. Воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳоро баъди бақайдгирии онҳо мутаносибан мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба ҳисоб мегиранд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
5. Феҳристи баҳисобгирӣ нишондиҳандаҳои зеринро дар бар мегирад:
- рақами тартибӣ;
- номи воҳиди маъмурию ҳудудӣ, маҳалли аҳолинишин (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- санаи таъсис додан ё асос ёфтани воҳиди маъмурию ҳудудӣ, ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа мансуб дониста шудани маҳалли аҳолинишин (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- масоҳати воҳиди маъмурию ҳудудӣ ва маҳалли аҳолинишин (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- теъдоди аҳолии воҳиди маъмурию ҳудудӣ, маҳалли аҳолинишин (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- номгӯи қисмҳои таркибии воҳиди маъмурию ҳудудӣ, маҳалли аҳолинишин (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- воҳиди маъмурию ҳудудӣ, ки ба ҳайати он воҳиди маъмурию ҳудудӣ, маҳалли аҳолинишини ба ҳисоб гирифташаванда дохил мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- номи истгоҳи наздиктарини роҳи оҳан ва масофа то ба он бо андозаи километр;
- масофа то маркази маъмурии вилоят, шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот бо андозаи километр.
Моддаи 24. Хориҷ намудани маҳалҳои аҳолинишин аз Феҳристи бақайдгирӣ ва Феҳристи баҳисобгирӣ
1. Маҳалҳои аҳолинишине, ки аҳолии онҳо аз минтақа баромада рафтааст ё ба ҷои дигар кӯчидааст, бояд аз Феҳристи бақайдгирӣ ва Феҳристи баҳисобгирӣ хориҷ карда шаванд.
2. Аз Феҳристи бақайдгирӣ ва Феҳристи баҳисобгирӣ инчунин маҳалҳои аҳолинишине, ки ба ҳудуди шаҳр, шаҳрак дохил гардидаанд ё бо дигар маҳалҳои аҳолинишин якҷоя карда шудаанд, хориҷ карда мешаванд.
3. Маҳалҳои аҳолинишин бо тартиби барои бақайдгирӣ ва баҳисобгирӣ муқарраргардида аз Феҳристи бақайдгирӣ ва Феҳристи баҳисобгирӣ хориҷ карда мешаванд.
Моддаи 25. Ҳуҷҷатҳо ва маводе, ки барои ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ заруранд
(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492)
Ҳуҷҷатҳо ва маводи зарурӣ барои таъсис ва барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, таљйир додани сарҳади онҳо, ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин, таљйир додани сарҳади онҳо, муқаррар кардан ва ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин мутобиқи Номгӯи ҳуҷҷатҳо ва мавод оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудие, ки ба Қонуни конститусионии мазкур замима гардидааст, ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
Моддаи 26. Баҳисобгирии омории воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин
(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492)
Баҳисобгирии омории воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин аз ҷониби мақомоти омори давлатӣ пеш бурда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492).
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 27. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 28. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №21, мод. 239; с. 2000, №11, мод. 513; с. 2003, №4, мод. 153; с. 2008, №3, мод. 182; с. 2009, №7-8, мод. 489; №12, мод.812) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 29. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии мазкур
Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
19 марти соли 2013, № 958
Замима
ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти
марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Номгӯи ҳуҷҷатҳо ва маводе, ки оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ пешниҳод карда мешаванд
(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492)
I. Ҳангоми таъсиси вилояти нав:
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мактуби тавзеҳии дорои маълумоти асосноккунандаи масоҳати иҷтимоию иқтисодии зарурати таъсиси вилояти нав, сарҳадҳои пешбинишуда, тақсимоти шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, маркази маъмурӣ ва номи он, ҳудуд, теъдоди аҳолӣ, аз ҷумла теъдоди аҳолии шаҳрҳо ва деҳаҳо;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояте, ки ҳудуди он тақсим карда мешавад.
2. Ҳангоми таљйир додани сарҳади вилоят ва ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурии он:
(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492)
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарори Маҷлисҳои вакилони халқи вилояте, ки як қисми ҳудуди он гирифта ва вилояте, ки ин ҳудуд ба он дохил карда мешавад дар бораи ризоият ба ин таљйирот;
- қарори Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияе, ки ҳудуди он гирифта мешавад ва ноҳияе, ки ин ҳудуд ба ҳайати он дохил карда мешавад;
- қарори маҷлисҳои маҳалҳои аҳолинишини дахлдор ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар бораи ризоият барои аз як вилоят ба вилояти дигар додани ҳудуд, агар дар ҳудуди додашаванда маҳалҳои аҳолинишин мавҷуд бошанд;
- мактуби тавзеҳии дорои маълумот дар бораи масоҳати ҳудуди додашаванда, номгӯи воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ё маҳалҳои аҳолинишин, теъдоди аҳолӣ ва тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии ҳудуди додашаванда (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- тасвири сарҳад, харитаи топографӣ бо нақшаи хати гузариши сарҳади маъмурию ҳудудӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- тарҳи нақша бо нишон додани ҳудуди додашаванда ва маҳалҳои аҳолинишин, шабакаи роҳҳо, сарҳадҳои мавҷуда ва нави вилоят дар ин маҳал;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва мактуби тавзеҳие, ки дар он далелҳои зарурати ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурӣ, тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии маркази нави маъмурӣ, масофаи он то марказҳои маъмурии ноҳияву шаҳрҳои вилоят ва пойтахти мамлакат нишон дода шудаанд.
3. Ҳангоми таъсис додани ноҳияи нав:
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояте, ки дар ҳудуди он ноҳияи нав таъсис дода мешавад;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи тақсимшаванда дар бораи ризоияти ба ҳайати ноҳияи нави таъсисёбанда додани як қисми ҳудуди он;
- мактуби тавзеҳие, ки дар он маълумот оид ба зарурати таъсис додани ноҳияи нав, тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии ноҳияе, ки ҳудуди он тақсим карда мешавад ва ноҳияи навтаъсисёбанда, масоҳати ҳудуд, теъдоди аҳолии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияе, ки ҳудуди маъмурии он тақсим карда мешавад ва ноҳияи навтаъсисёбанда, тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии маркази маъмурии пешбинишудаи ноҳияи нав, масофаи байни он то марказҳои маъмурии шаҳракҳо, деҳот, вилоят, пойтахти мамлакат, истгоҳи наздиктарини роҳи оҳан, мавҷудияти биноҳо барои ҷойгир намудани муассисаҳои ноҳия, буҷети тахминии ноҳияи нав, номе, ки барои номгузорӣ ба ноҳияи навтаъсисёбанда пешниҳод мешавад ва шарҳи ин ном дарҷ гардида бошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- тасвири сарҳад, харитаи топографӣ бо нақшаи хати гузариши сарҳади маъмурию ҳудудӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- тарҳи нақшаи ноҳияе, ки ҳудуди он тақсим карда мешавад ва ноҳияи нав ташкилшаванда, ки дар он сарҳади ин ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳот нишон дода мешавад.
4. Ҳангоми таъсис додани ноҳияи шаҳр:
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳре, ки дар ҳайати он ноҳия таъсис дода мешавад;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят дар мавриди дар ҳудуди вилоят таъсис додани ноҳияи шаҳр;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи шаҳре, ки ҳудуди маъмурии он тақсим карда мешавад;
- мактуби тавзеҳие, ки дар он маълумот оид ба зарурати таъсис додани ноҳияи шаҳр, масоҳати ҳудуд ва теъдоди аҳолии ноҳияи таъсисёбанда, номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои дигар, тавсифномаи мухтасари фонди манзил ва хоҷагии коммуналӣ, маълумот дар бораи муассисаҳои иҷтимоию фарҳангӣ, буҷети тахминии ноҳияи шаҳрии таъсисёбанда, мавҷудияти биноҳо барои ҷойгир намудани мақомоти маъмурии ноҳия, номе, ки барои номгузории ноҳия пешниҳод мегардад ва шарҳи он дарҷ гардида бошанд;
- тасвири сарҳад, харитаи топографӣ бо нақшаи хати гузариши сарҳади марзиву маъмурӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- нақшаи шаҳр бо тарҳи сарҳади ноҳияи навтаъсисёбанда.
5. Ҳангоми таљйир додани сарҳади ноҳия, ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурии он, таљйир додани сарҳади ноҳияи шаҳр:
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят;
- қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияе, ки як қисми ҳудуд аз таркиби он гирифта ва ноҳияе, ки ҳамон ҳудуд ба таркиби он дохил карда мешавад;
- қарорҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, маҷлисҳои аҳолии маҳалҳои аҳолинишини дахлдор дар хусуси ризоият барои ба ноҳияи дигар додани ин ҳудуд;
- мактуби тавзеҳии дорои маълумот дар бораи масоҳати ҳудуди додашаванда, номгӯи воҳидҳои марзиву маъмурӣ ё маҳалҳои аҳолинишин ва теъдоди аҳолии онҳо, тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии ҳудуди додашаванда (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- тасвири сарҳад, харитаи топографӣ бо нақшаи хати гузариши сарҳади марзиву маъмурӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- тарҳи нақша бо нишон додани ҳудуди додашаванда ва маҳалҳои аҳолинишин, шабакаи роҳҳо, сарҳадҳои мавҷуда ва нав дар ин маҳал;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия бо мактуби тавзеҳии дорои далелҳои зарурати кӯчонидани маркази маъмурӣ ва тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии маркази нави маъмурӣ бо нишон додани масофаи байни маркази нави маъмурӣ ва марказҳои маъмурии деҳот, шаҳракҳо, вилоят ва пойтахти мамлакат:
- қарори Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияе, ки як қисми ҳудуди он гирифта мешавад ва ноҳияи шаҳрие, ки ҳамин ҳудуд ба таркиби он дохил карда мешавад, бо мактуби тавзеҳии дорои тавсифи таљйироти пешбинишуда, тарҳи нақшаи ҳудуди додашаванда бо нишон додани сарҳади мавҷуда ва сарҳади нави ноҳияҳо.
6. Ҳангоми ба категорияи шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоят мансуб донистани маҳалли аҳолинишин:
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарори Маҷлиси дахлдори вакилони халқи вилоят, шаҳр ва Ҷамоати шаҳрак бо пешниҳод дар бораи ба ин ё он категорияи шаҳрҳо мансуб донистани маҳалли аҳолинишин (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- мактуби тавзеҳие, ки дар он маълумот оид ба асосноккунии зарурати ба категорияи шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоят мансуб донистани маҳалли аҳолинишин, тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии маҳалли аҳолинишине, ки таљйир меёбад, теъдоди аҳолӣ, маълумот дар бораи фонди манзил, масоҳати ҳудуд, масофа то маркази маъмурии вилоят, пойтахти мамлакат ва истгоҳи наздиктарини роҳи оҳан, буҷети тахминии шаҳр, мавҷудияти биноҳо барои ҷойгир намудани мақомоти маъмурии шаҳр, пешниҳод дар бораи номи шаҳр ва шарҳи он дарҷ гардида бошанд;
- тасвири сарҳад, харитаи топографӣ бо нақшаи хати гузариши сарҳади маъмурию ҳудудӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- тарҳи нақшаи маҳалли аҳолинишин, ки ба шаҳр мансуб дониста мешавад, бо нишон додани сарҳади он.
7. Ҳангоми ба категорияи шаҳрак мансуб донистани маҳалли аҳолинишин:
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи дахлдори шаҳр, ноҳия, Ҷамоати деҳот бо пешниҳод дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани маҳалли аҳолинишин (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- мактуби тавзеҳие, ки дар он маълумот оид ба асосноккунии зарурати ба категорияи шаҳрак мансуб донистани маҳалли аҳолинишин, тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии он, теъдоди аҳолӣ, маълумот дар бораи фонди манзил, масоҳати ҳудуд, масофа то марказҳои маъмурии ноҳия ва вилоят, пойтахти мамлакат ва истгоҳи наздиктарини роҳи оҳан, буҷети тахминии шаҳрак, мавҷудияти биноҳо барои ҷойгир намудани Ҷамоати шаҳрак, пешниҳод дар бораи номи шаҳрак ва шарҳи он дарҷ гардида бошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- тасвири сарҳад, харитаи топографӣ бо нақшаи хати гузариши сарҳади маъмурию ҳудудӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- тарҳи нақшаи маҳалли аҳолинишине, ки ба шаҳрак табдил дода мешавад, бо нишон додани сарҳади он.
8. Ҳангоми таљйир додани сарҳади шаҳр ва шаҳрак:
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят (оид ба шаҳрҳои тобеи вилоят);
- қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, Ҷамоати шаҳрак, инчунин қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияе, ки дар тобеияти худ шаҳрак дорад, бо пешниҳод дар хусуси таљйир додани сарҳади шаҳр, шаҳрак; (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492)
- қарори Маҷлиси вакилони халқи воҳиди маъмурию ҳудудие, ки як қисми ҳудуди он ба шаҳр, шаҳрак дохил карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- мактуби тавзеҳие, ки дар он маълумот оид ба асосноккунии зарурати таљйир додани сарҳади шаҳр, шаҳрак, масоҳати ҳудуде, ки ба сарҳади шаҳр, шаҳрак дохил карда мешавад, номгӯи маҳалҳои аҳолинишин, теъдоди аҳолии ба ҳудуди шаҳр, шаҳрак дохилшаванда, маълумот дар бораи муассисаҳо, корхонаҳо, ташкилотҳои дигари дар ҳудуди додашаванда воқеъбуда дарҷ гардиданд (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- тасвири сарҳад, харитаи топографӣ бо нақшаи хати гузариши сарҳади маъмурию ҳудудӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- тарҳи нақшаи шаҳр, шаҳрак бо нишон додани сарҳади мавҷуда ва сарҳади нави пешбинишуда.
9. Ҳангоми таъсис додани деҳоти нав:
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ноҳия, ки дар тобеияти худ шаҳрак ва деҳот доранд, бо дархост дар хусуси ташкил намудани деҳоти нав;
- қарори ҷамоатҳои деҳоте, ки аз ҳисоби хурд намудани онҳо деҳоти нав ташкил меёбад дар хусуси ризоият доир ба таљйир додани ҳудудҳояшон;
- қарори маҷлисҳои аҳолии деҳаҳои ба ҳайати деҳоти нав дохилшаванда дар хусуси ризоияти онҳо барои ба деҳоти нав додани ин маҳалҳои аҳолинишин;
- мактуби тавзеҳие, ки дар он маълумот оид ба асосноккунии зарурати тавсиф намудани деҳоти нав, масоҳати ҳудуд, теъдоди аҳолӣ ва номгӯи маҳалҳои аҳолинишини деҳоте, ки ҳудуди онҳо тақсим мешавад ва деҳоте, ки нав ташкил карда мешаванд, масофа аз маҳалҳои аҳолинишин то марказҳои маъмурии деҳоте, ки ҳудуди онҳо хурд карда мешавад ва масофа аз маҳалҳои аҳолинишине, ки ба ҳайати деҳоти нав дохил мегарданд, то маркази маъмурии пешбинигардидаи он, тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии деҳоте, ки ҳудуди онҳо тақсим карда мешавад ва деҳоте, ки нав таъсис дода мешаванд, буҷети тахминии деҳоти нав, мавҷудияти биноҳо барои ҷойгир намудани ҷамоати он, пешниҳоди номи деҳоти нав ва шарҳи он, инчунин маълумот дар бораи маркази маъмурии он дарҷ гардидаанд;
- тасвири сарҳад, харитаи топографӣ бо нақшаи хати гузариши сарҳади маъмурию ҳудудӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- тарҳи харитаи деҳоте, ки ҳудуди онҳо тақсим мешаванд ва деҳоти нав таъсисёбанда бо нишон додани маркази маъмуриву маҳалҳои аҳолинишин, сарҳадҳои онҳо ва шабакаи роҳҳо ва.
10. Ҳангоми таљйир додани сарҳади деҳот ва ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурии он:
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ноҳияе, ки дар ҳудуди худ деҳот доранд, бо пешниҳод дар хусуси таљйир додани сарҳади деҳот ва ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурии он;
- қарорҳои Ҷамоати деҳоте, ки як қисми ҳудуди он гирифта мешавад ва деҳоте, ки ҳамон қисми ҳудуд ба таркиби он дохил карда мешавад. Агар дар ҳудуди додашаванда маҳалҳои аҳолинишин мавҷуд бошанд, қарорҳои маҷлисҳои аҳолии онҳо дар хусуси ризоият барои додани ҳудуди маҳалли истиқомати онҳо ба деҳоти дигар пешниҳод карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- мактуби тавзеҳии дорои маълумот дар бораи масоҳати ҳудуди додашаванда, номгӯи маҳалҳои аҳолинишин ва теъдоди аҳолии ҳар яки онҳо, тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии ҳудуди додашаванда;
- тасвири сарҳад, харитаи топографӣ бо нақщаи хати гузариши сарҳади маъмурию ҳудудӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492);
- нақшаи ҳудуди додашаванда бо нишон додани маҳалҳои аҳолинишин, шабакаи роҳҳо, сарҳади мавҷуда ва нав дар маҳалли мазкур;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ноҳия, ки дар ҳудуди худ деҳот доранд, инчунин қарори Ҷамоати деҳот бо мактуби тавзеҳии дорои асосноккунии зарурати ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурӣ ва тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии маркази нави маъмурӣ, бо нишон додани масофа аз маркази маъмурии нав то маҳалҳои аҳолинишин ва маркази маъмурии ноҳия.
11. Ҳангоми номивазкунии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин:
Ҳангоми иваз намудани номи вилоят:
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят;
- мактуби тавзеҳие, ки дар он асосноккунии зарурати иваз намудани номи вилоят ва шарҳи номи нави он зикр карда мешаванд.
Ҳангоми иваз намудани номи шаҳр, ноҳия:
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят (ҳангоми дигар кардани номи шаҳр, ноҳияи тобеи вилоят);
- қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ноҳияи дахлдор;
- мактуби тавзеҳие, ки дар он зарурати иваз намудани номи шаҳр, ноҳия ва шарҳи номи нави онҳо зикр карда мешаванд.
Ҳангоми иваз намудани номи шаҳрак:
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳр, ноҳияе, ки дар ҳудуди худ шаҳрак доранд;
- қарори ҷамоати шаҳрак;
- қарорҳои маҷлисҳои аҳолии маҳалҳои аҳолинишини дахлдор;
- мактуби тавзеҳие, ки дар он зарурати иваз намудани номи шаҳрак ва шарҳи номи нави он зикр карда мешаванд.
Ҳангоми иваз намудани номи деҳот:
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳр, ноҳияе, ки дар ҳудуди худ деҳот доранд;
- қарори ҷамоати деҳот;
- қарорҳои маҷлисҳои аҳолии маҳалҳои аҳолинишини дахлдор;
- мактуби тавзеҳие, ки дар он зарурати иваз намудани номи деҳот ва шарҳи номи нави он зикр карда мешаванд.
Ҳангоми иваз намудани номи деҳа:
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳр, ноҳия;
- қарорҳои ҷамоатҳои шаҳрак, деҳоте, ки дар ҳудуди худ деҳа доранд;
- қарори маҷлиси аҳолии ҳудуди дахлдор;
- мактуби тавзеҳие, ки дар он зарурати иваз намудани номи деҳа ва шарҳи номи нави он зикр карда мешаванд.
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул намудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №21, мод. 240), қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, №6, мод. 372; с.2003, №3, мод. 101; с. 2008, №1, қ.2, мод.56; с.2009, №5, мод.377; №9-10, мод. 586) аз эътибор сокит дониста шаванд.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 12 декабри соли 2012, № 1001
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                             М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 28 феврали соли 2013, №482
 

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 15/01/2020 - 11:56
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Рақам: 
856
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
10.12.1999

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 12, мод. 296; с. 2004, № 7, мод. 451; с. 2007, № 5, мод. 352; с. 2008, № 10, мод. 797; с. 2012, № 8, мод. 811; с. 2014, № 3, мод. 140, № 7, қ. 1, мод. 382; с. 2017, № 7-8, мод. 562; с. 2018, № 2, мод. 61, №9-10, мод. 581)

(Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44, от 12.05.2007 № 256, от 6.10.2008 № 444, аз 01.08.2012 № 896, аз 14.03.2014 № 1065, аз 26.07.2014 № 1086, аз 18.07.2017 № 1452, аз 21.02.2018 № 1508, аз 19.07.2019 № 1639)

I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Қонуни конститутсионии мазкур танзим менамояд

Қонуни конститутсионии мазкур мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи интихобот, кафолатҳои он, тайёр намудан ва гузаронидани интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452).

Моддаи 1(1). Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065, аз 18.07.2017 № 1452).

Моддаи 2. Сохтори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду маҷлис - Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.

Моддаи 3. Принсипҳои иштироки шаҳрвандон дар интихобот

Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар асоси ҳуқуқи умуми, баробар ва бевосита бо овоздиҳии пинҳони ва низоми омехтаи интихобот сурат мегирад, дар он ҳеҷ гуна ҳадди ҳисоб (квота) муқаррар карда намешавад.

Иштирок дар интихобот озод ва ихтиёри мебошад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).

Интихоботи аъзои Маҷлиси милли дар асоси ҳуқуқи интихоботии бавосита бо овоздиҳии пинҳони сурат мегирад ва аз чор як ҳиссаи онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад.

Моддаи 4. Ҳуқуқи умумии интихобот

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то рӯзи интихобот ба 18 расидааст, қатъи назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди дини, мавқеи сиёси, вазъи иҷтимои, таҳсилот ва дороии молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан доранд.

Ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон шахсоне таъин ва интихоб мешаванд, ки ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии мазкур ҷавобгӯ бошанд (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508).

Шахсоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ё бо ҳукми суд дар ҷойхои маҳруми аз озоди нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан надоранд.

Шарту шароити интихоб нашудан ва бо мақоми узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон номувофиқ будани вазифаи ишголкардаи шаҳрвандонро Конститутсия ва Қонуни конститутсионии мазкур муайян мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).

Моддаи 5. Ҳуқуқи баробари интихобот

Интихобкунандагон дар интихобот дар асоси ҳуқуқи баробар иштирок мекунанд.

Моддаи 6. Ҳуқуқи бевосита ва бавоситаи интихобот

Вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита интихоб карда мешаванд (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508).

Аъзои Маҷлиси милли аз тарафи вакилони мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ интихоб мешаванд (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508).

Моддаи 7. Овоздиҳии пинҳони

Овоздиҳи дар интихоботи аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон пинҳони мебошад. Мудохила ба изҳори иродаи овоздиҳандагон манъ аст.

Моддаи 8. Ошкорбаёни ҳангоми тайёри ва гузаронидани интихобот ба Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон

Тайёр намудан ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарафи комиссияҳои интихобот ба таври шаффоф ва ошкоро сурат мегирад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).

Комиссияҳои интихобот аз кори худ, аз ташкили ҳавзаҳои интихобот, участкаҳои интихобот, ҳайат, ҷою вақти кори комиссияҳои интихобот ба аҳоли хабар медиҳанд ва онҳоро бо руйхати интихобкунандагон, феҳристи ҳизбҳои сиёсии дар интихобот иштироккунанда шинос мекунанд, дар бораи номзадҳо, натиҷаи овоздиҳи ва интихобот маълумот медиҳанд.

Қисмҳои сеюм ва чорум хориҷ карда шаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).

Намояндагони матбуот, телевизион ва радио дар маҷлисҳои комиссияҳои интихобот, иштирок карда, дар биноҳои овоздиҳи ҳузур дошта метавонанд, рафти тайёри ва гузаронидани интихобот, инчунин қарорҳои комиссияҳои интихоботро инъикос менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).

Моддаи 8 (1). Мақом ва ваколатҳои мушоҳидони миллӣ

Ҳизбҳои сиёсие, ки номзадҳои худро ба вакилӣ пешбарӣ намудаанд ва номзадҳое, ки ба вакилӣ ба тарзи худпешбарӣ пешниҳод шудаанд, бо тартиби муқарраргардида рӯйхати мушоҳидони миллиро барои бақайдгирӣ ба комиссияҳои ҳавзавии дахлдори интихобот пешниҳод менамоянд. Мушоҳидони миллӣ дар рӯзи баргузории интихобот дар биноҳои овоздиҳӣ рафти интихоботро мушоҳида менамоянд (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508).

Фаъолияти мушоҳидони миллӣ баъди бо қарори комиссияҳои ҳавзавии дахлдори интихобот тасдиқ гардидани рӯйхати онҳо оғоз ёфта, пас аз эълон гардидани натиҷаи пешакии интихобот қатъ мегардад (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508).

Мушоҳидони миллӣ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошанд:

- бо рӯйхати интихобкунандагон шинос шаванд;

- дар хонаи овоздиҳи аз о(оз то анҷоми кори комиссияи участкавии интихобот ҳузур дошта бошанд;

- супоридани бюллетенҳои овоздиҳиро ба интихобкунандагон мушоҳида кунанд;

- ҳангоми овоздиҳии интихобкунандагон берун аз ҳуҷраи овоздиҳи ҳузур дошта бошанд;

- ҳисоби шумораи бюллетенҳои аз ҳисоб баровардашуда, бюллетенҳои дар қуттии овоздиҳи мавҷудбуда, аз ҷумла бюллетенҳои беэътибор, ҳисоби овозҳои интихобкунандагонро дар шароите, ки ба мушоҳидаи ҷараёни ҳисоби бюллетенҳои овоздиҳи имкон медиҳад, мушоҳида намоянд (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508);

- бо протоколҳои комиссияҳои участкавии интихобот оид ба натиҷаи овоздиҳи ва комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар бораи натиҷаи интихобот шинос шаванд;

- аз қарор ва амали (беамалии) комиссияи интихобот ба комиссияи болоии интихобот ва ё суд шикоят намоянд;

- ҳангоми ҳисоби такрории овозҳои интихобкунандагон дар комиссияҳои дахлдори интихобот ҳузур дошта бошанд.

Мушоҳидони милли ҳуқуқ надоранд:

- бюллетенҳои овоздиҳиро ба интихобкунандагон супоранд;

- бо хоҳиши интихобкунанда барои гирифтани бюллетен имзо гузоранд;

- бо хоҳиши интихобкунанда бюллетен пур кунанд;

- амале соднр намоянд, ки махфи будани овоздиҳиро халалдор созад;

- бевосита дар ҳисоби бюллетенҳо, ки аз тарафи аъзои комиссияи интихобот анҷом дода мешавад, иштирок намоянд;

- амале содир намоянд, ки ба кори комиссияи интихобот монеа шавад ва ё дар қабули қарори комиссияи дахлдори интихобот иштирок намоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).

Моддаи 8 (2). Мақом ва ваколатҳои мушоҳидони байналмилалӣ

Бо мақсади мушоҳидаи ннтихобот, гузаронидани он дар шароити шаффоф ва ошкоро мушоҳидони байналмилалӣ даъват карда мешаванд.

Фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ баъди аккредитатсияи онҳо аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, пас аз эълон гардидани натиҷаи пешакии интихобот қатъ мегардад (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508).

Фаъолияти мушоҳидони байналмилали тибқи Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дахлдори байналмилали танзим мегардад.

Мушоҳидони байналмилали бо тартиби муқарраргардида иҷозатнома гирифта, дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми доштани даъватнома аккредитатсия карда мешаванд. Даъватнома аз ҷониби мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди нашри расмии қарор дар бораи таъини рӯзи нитихобот фиристода мешавад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси ба мушоҳидони байналмилали дар бораи аккредитатсияи онҳо шаҳодатномаи намунаи муқарраргардидаро медиҳад. Шаҳодатномаи мазкур ба мушоҳиди байналмилали ҳуқуқ медиҳад, ки дар давраи омодагири ва гузарондани интихобот мушоҳидаро амали намояд.

Мушоҳидони байналмилали дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зери ҳимояи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Мушоҳидони байналмилали фаъолияти худро озодона анҷом медиҳанд. Таъминоти моддию молиявии фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ ҳисоби тарафе, ки онҳоро фиристодааст ё аз ҳисоби маблағи худи онҳо анҷом дода мешавад (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508).

Мушоҳидони байналмилали ҳуқуқ доранд:

- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар санадҳое, ки ҷараёни интихоботро танзим менамоянд, дастрас кунанд (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508);

- бо ҳизбҳои сиёсие, ки дар интихобот ширкат доранд ва бо номзадҳои алоҳида вохӯрии расмӣ намоянд (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508);

- дар участкаи интихоботи ва бинои овоздиҳи, аз ҷумла дар рӯзи овоздиҳи ҳузур дошта бошанд (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508);

- ҷараёни овоздиҳи, ҳисоби овозҳо ва муайян намудани натнҷаи онҳоро дар шароите, ки ба мушоҳидаи ҳисоби бюллетенҳо имкон медиҳад, мушоҳида намоянд;

- бо натиҷаи баррасии шикоятҳо (аризаҳо) ва эродҳо вобаста ба вайрон кардани қонунгузории интихобот шинос шаванд;

- ба намояндагони комиссияҳои интихобот бе дахолат ба кори онҳо, оид ба мушоҳидаҳои худашон иттилоъ диҳанд;

- баъди ба анҷом расидани овоздиҳи ақидаи худро оид ба омодагири ва гузарондани интихобот ошкоро изҳор намоянд;

- хулосаи худро оид ба мушоҳидаи ҷараёни интихобот ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси пешниҳод кунанд. Мушоҳидони байналмилали ҳуқуқ надоранд:

- Ҳангоме, ки интихобкунанда дар бюллетенҳои ннтихобот қайдҳои худро мегузорад, дар ҳуҷраи овоздиҳи ҳозир бошанд;

- ба интихобкунандагон таъсир расонанд, ягон хел мавод ё адабиёти тар(иботиро паҳн намоянд;

- нисбати ҳизбҳои сиёси, номзадҳо ба вакили ё тартиби гузаронидани интихобот афзалиятеро баён намоянд;

- аз интихобкунандагон ба тарафдории ки овоз додани онҳоро пурсанд;

- дар хулосаи худ аз ҳолатҳое, ки бо ҳуҷҷатҳо асоснок нагардидаанд ва қобили тафтиш нестанд, истифода баранд (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508);

- мақоми худро барои содир кардани амале, ки ба мушоҳидаи рафти интихобот вобаста нест, истифода баранд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи мушоҳидони байналмилали вайрон намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳо ва меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилали аккредитатсияи мушоҳидони байналмилалиро бекор менамояд.

Мушоҳидони байналмилали уҳдадоранд:

- Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалиро риоя намоянд;

- бо худ дар бораи аккредитатсия ба сифати мушоҳиди байналмилали шаҳодатномаи мушоҳиди байналмилалиро дошта бошанд ва онро бо талаби комиссияи интихобот нишон диҳанд;

- вазнфаҳои худро дар асоси принсипҳои бетарафии сиёси, бе(арази, худдори аз изҳори ҳама гуна афзалият, баҳодиҳи ба комиссияҳои интихоботи, мақомоти давлати ва дигар мақомот, шахсони мансабдор ва дигар иштирокчиёни ҷараёни интихобот анҷом диҳанд;

- ба ҷараёни интихобот дахолат накунанд;

- хулосаҳои худро дар асоси мушоҳида ва маводи воқеи таҳия намоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).

Моддаи 9. Маблаггузории интихобот

Маблағ барои тайёри ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон аз буҷети ҷумҳурияви ҷудо карда мешавад.

Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон, ҳизбҳои сиёси, ки дар ннтихобот иштирок мекунанд, хазинаи интихоботии худро барои маблаггузории интихобот таъсис медиҳанд. Маблагҳои хазинаи интихоботии номзад ба вакили ва ҳизби сиёси дар суратҳисоби муваққатии махсуси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк", шӯъбаҳои он нигоҳ дошта мешаванд. Маблагҳои ин хазинаҳо танҳо барои гузаронидани интихобот истифода шуда, аз ҷониби номзад ва ҳизби сиёси ихтиёрдори карда мешаванд.

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк", шӯъбаҳои он суратҳисобҳои муваққатии махсусро барои ташкили хазинаи интихоботии номзад ба вакили ва ҳизби сиёси дар асоси маълумоти хаттии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мекушоянд. Аз ин маблаг фоида гирифта намешавад. Хазинаи интихоботии номзад ба вакили ва ҳизби сиёси аз маблагҳои зерин метавонанд ташкил карда шаванд (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508):

- маблагҳое, ки барои ташвиқоти пеш аз интихобот аз тарафи комиссияҳои дахлдори интихобот ҷудо карда мешаванд;

- маблагҳои шахсии номзад ба вакили, ки он набояд аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 6.10.2008 № 444);

- маблаги ҳизби сиёси барои номзаде, ки ҳизби сиёси ба ҳавзаи якмандатии интихобот пешбари намудааст, набояд аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад (Қонуни конст. ҶТ аз 6.10.2008 № 444);

- маблагҳои хазинаи интихоботии ҳизби сиёси, ки рӯйхати номзадҳоро ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурияви пешниҳод намудааст, набояд аз 10000 (даҳ ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 6.10.2008 № 444);

- маблагҳои хайрияи шахсони воқеи ва ҳуқуқи.

Маблагҳои хайрияи шахсони воқеи барои хазинаи интихоботии номзад ба вакили набояд аз 50 (панҷоҳ) ва барои ҳизби сиёси набояд аз 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошанд. Маблагҳои хайрияи шахсони ҳуқуқи барои хазинаи интихоботии номзад ба вакили набояд аз 100 (сад) ва барои ҳизби сиёси набояд аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 6.10.2008 № 444).

Хадди ниҳоии хазинаи интихоботии номзад ба вакили набояд аз 1500 (як ҳазору панҷсад) ва ҳизби сиёси набояд аз 30 000 (си ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад (Қонуни конст. ҶТ аз 6.10.2008 № 444).

Ба таври хайрия маблаггузори ба хазинаи интихоботии номзад ба вакили ва ҳизби сиёси аз ҷониби шахсони воқеи ва ҳуқуқии зерин манъ аст:

- давлатҳо, созмонҳо ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508);

- шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бешаҳрванд;

- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 нарасидаанд;

- шахсони ҳуқуқие, ки бо иштироки саҳмияи хориҷи таъсис ёфтаанд;

- ташкилотҳои байналмилали ва ҳаракатҳои ҷамъиятии байналмилали;

- мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва худидоракунии маҳалли;

- ташкилотҳои давлати ва ташкилотҳое, ки саҳми давлат дар онҳо аз си фоиз зиёд мебошад;

- қисмҳо, ҷузъу томҳо ва дигар сохторҳои ҳарби, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;

- иттиҳодияҳои дини, ташкилотҳои эҳсонкорӣ ва дигар ташкилотҳое, ки аз ҷониби онҳо таъсис дода шудаанд (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452, аз 21.02.2018 № 1508);

- хайрияҳое, ки соҳибашон номаълум аст.

Дар сурати аз ҷониби шахсони воқеи ва ҳуқуқие, ки ҳуқуқи пардохти маблаги хайрияро ба хазинаи интихоботии номзад ба вакили ва ҳизби сиёси надоранд ва ё маблаги хайрияи шахсони воқеи ва ҳуқуқие, ки аз ҳадди муайяншудаи моддаи мазкур зиёд мебошад, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба буҷети ҷумҳурияви гузаронида мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк", шӯъбаҳои он дар асоси дархости Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд ба комиссия оид ба ворид шудан ва харҷи маблағи хазинаи интихоботии номзад ба вакили ва ҳизби сиёси маълумот пешниҳод намоянд (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508).

Ҳамаи амалиёти молияви аз хазинаи интихоботии номзад он вакили ва ҳизби сиёси як рӯз пеш аз рӯзи интихобот қатъ мегардад ва дар бораи маблағи харҷшуда ва боқимонда ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хаттӣ хабар дода мешавад (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508).

Шакли ҳисоботи молиявии комиссияҳои интихобот оид ба маблаги воридшуда ва харҷшуда, ки барои гузароиидани интихобот ҷудо шудааст, инчунин ҳисоботи молиявии номзад ба вакили ва ҳизбн сиёсиро оид ба воридшави ва харҷи маблаги хазинаи интихоботии онҳо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Номзад ба вакили ва ҳизби сиёси на дертар аз 30 рӯзи баъди интихобот маблаги истифоданашудаи аз буҷет ҷудошударо ба комиссияи дахлдори интихобот бармегардонанд. Маблаги истифоданашудаи хазинаи интихоботии номзад ба вакили ва ҳизби сиёси, ки аз ҳисоби худи номзад, ҳизби сиёси, шахсони воқеи ва ҳуқуқи ташкил ёфтаанд, мутаносибан ба онҳо баргардонида мешавад.

Назорат оид ба мувофиқи мақсад истифода намудани маблағе, ки ба комиссияҳои интихоботии дахлдор барои гузаронидани интихобот ҷудо шудааст, инчунин назорат оид ба воридшави, сарчашмаҳои баҳисобгирии дуруст ва истифодаи мақсадноки маблаги хазинаи интихоботии номзад ба вакили ва ҳизбҳои сиёсиро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали менамояд.

Номзад ба вакили ва ҳизби сиёси наметавонанд маблаги дигарро ба истиснои маблагҳои хазинаи номзад ба вакили ва ҳизби сиёси барои гузаронидани интихобот истифода баранд. Агар номзад ба вакили ва ҳизби сиёси маблаги дигарро, ба истиснои маблаги хазинаи интихоботии вакил ва ҳизби сиёси истифода баранд, комиссияи дахлдори интихобот қарори бақайдгирии номзад ба вакили ва рӯйхати номзадҳои аз ҷониби ҳизби сиёси пешбаришударо бекор мекунад.

Истифодаи амвол ва маблаги давлати, ки қонун пешбини накардааст, манъ аст (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).

II. КОМИССИЯҲОИ ИНТИХОБОТ

Моддаи 10. Низоми комиссияҳои интихобот

Барои ташкил ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон комиссияҳои зерини интихобот ташкил карда мешаванд:

- Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли;

- комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон;

- комиссияҳои участкави оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон. Комиссияҳои интихобот дар фаъолияти худ ба ҳеҷ мақоми давлати вобаста нестанд.

Қарор ва дигар санадҳои Комиссияҳои интихобот, ки дар доираи салоҳияташон қабул намудаанд, барои ҳамаи мақомоти давлати, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳизбҳои сиёси, идтиҳодияҳои ҷамъияти, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор, номзадҳо, интихобкунандагон, ҳамчунин барои комиссияҳои поёнии интихобот ҳатми мебошад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Комиссияҳои участкави оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон. Комиссияҳои интихобот дар фаъолияти худ ба ҳеҷ мақоми давлати вобаста нестанд. Қарор ва дигар санадҳои Комиссияҳои интихобот, ки дар доираи салоҳияташон қабул намудаанд, барои ҳамаи мақомоти давлати, мақомоти худидораи маҳалли, ҳизбҳои сиёси, идтиҳодияҳои ҷамъияти, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор, номзадҳо, интихобкунандагон, ҳамчунин барои комиссияҳои поёнии интихобот ҳатми мебошад.

Қарори комиссияҳои интихобот, ки хилофи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ё берун аз доираи салоҳияташон қабул карда шудааст, аз тарафи комиссияи болоии интихобот ё суд бекор карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065, аз 21.02.2018 № 1508).

Таъсис ва фаъолияти дигар сохторҳо (мақомот, ташкилотҳо), ки мақомоти интихоботиро иваз мекунанд ё пурра ё қисман вазифаи онҳоро анҷом медиҳанд, ё ба фаъолияти қонунии онҳо халал мерасонанд, ё (айриқонуни ба фаъолияти онҳо дахолат мекунанд, ё мақом, ё салоҳияти онҳоро ба зиммаи худ мегиранд, манъ аст (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).

Моддаи 11. Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1639)

Раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва бозхонд мекунад.

Фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонун танзим менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1639).

Моддаи 12. Ваколатҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси дорои ваколатҳои зерин мебошад:

1) дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои Қонуни конститутсионии мазкур назорат ва татбиқи якхелаи онро таъмин менамояд, дар доираи салоҳияти худ дастурҳо қабул ва тартиби татбиқи Қонуни конститутсионии мазкурро маънидод мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065, аз 21.02.2018 № 1508);

2) ҳавзаҳои якмандатии интихоботро оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил мекунад ва ба онҳо ному рақам мегузорад;

3) Комиссияҳои ҳавзавии интихоботро оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил медиҳад ва доир ба қароргоҳи онҳо маълумот дарҷ мекунад;

4) кори комиссияҳои интихоботро ба роҳ мемонад, тартиби ба ҳайати онҳо даровардани тағйиротро муайян мекунад, агар қарорҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон хилофи Қонуни конститутсионии мазкур бошанд, онҳоро мустақилона, ё бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор мекунад;

5) масъалаҳои ба ҳавзаи интихобот ҳамроҳ намудани участкаҳои интихоботро, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд, ҳаллу фасл менамояд;

6) ба номзадҳо барои иштирок карданашон дар маъракаи интихобот шароити баробар муҳайё мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);

7) бо тартиби муқарраргардида маблағро ба комиссияҳои интихобот тақсим мекунад, бо бино, нақлиёт ва воситаҳои алоқа таъмин шудани комиссияҳои интихоботро назорат мекунад ва масъалаҳои дигари таъминоти моддию техникии интихоботро ҳаллу фасл менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);

8) шакл ва матни бюллетенҳои интихоботро оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон, рӯйхати интихобкунандагон, протоколи ҷаласаҳои комиссияҳои интихобот, ҳуҷҷатҳои дигари интихобот, намунаи қуттиҳои интихобот ва муҳри комиссияҳои интихобот, тартиби нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои интихоботро муқаррар мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);

9) бюллетенҳоро барои интихоботи аъзои Маҷлиси милли ва вакилонн Маҷлиси намояндагон барои ҳамаи ҳавзаҳои интихобот тайёр мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44);

10) гузориши роҳбарони вазоратхо, кумитаҳои давлати, идораҳои давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, намояндагони ҳизбҳои сиёсиро аз руи масъалаҳои тайёри ва гузаронидани интихобот мешунавад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065);

11) тартиби муайян намудани сатҳи донистани забони давлатиро аз ҷониби номзад ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон муқаррар мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);

12) тартиби иштироки мушоҳидони миллӣ, мушоҳидони байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори хориҷи ва маҳаллиро муқаррар мекунад, онҳоро бо ҳуҷҷатҳои дахлдор таъмин менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44);

13) рӯйхати номзадҳоро аз ҳизбҳои сиёси, ки аз ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳурияви пешниҳод гардидаанд ва шахсони боэътимоди онҳоро ба қайд мегирад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);

14) ба номзадҳое, ки аз ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳурияви ба қайд гирифта шудаанд ва ба шахсони боэътимоди ҳизбҳои сиёси шаҳодатномаи намунаи муқарраргардидаро медиҳад;

15) натиҷаи интихоботро дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст менамояд, вакилони интихобшударо ба қайд мегирад, дар матбуот оид ба ҷамъбасти интихобот ахборот ва рӯйхати аъзоёни интихобшудаи Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагонро чоп мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065);

16) масъалаҳои гузаронидани интихоботи такрории аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагонро ҳал мекунад;

17) интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро ба ивази аъзо ва вакилони хориҷшуда таъин намуда, мегузаронад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);

18) аризаю шикоятҳоро аз хусуси қарору амали (беамалии) комиссияҳои интихобот баррасӣ менамояд ва аз руи онҳо қарорҳо қабул мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);

19) ба бойгониҳо супурдани ҳуҷҷатҳои вобаста ба ташкил ва гузаронидани интихоботро таъмин менамояд;

20) мувофиқи Қонуни конститутсионии мазкур ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро иҷро мекунад.

Моддаи 13. Ташкили комиссияи ҳавзавии интихобот

Комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон инҳо мебошанд:

1) комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли;

2) комиссияи ҳавзавии интихобот (Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси) оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот;

3) комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаҳои якмандатии интихобот.

Комиссияҳои ҳавзавии интихоботи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва на камтар аз 8 аъзо камаш ду моҳ, пеш аз интихоботи аъзои Маҷлиси милли аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси ташкил карда мешаванд. Ин комиссияҳо ҳамчун комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли амал мекунанд. Комиссияҳои ҳавзавии якмандатии интихоботро оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси камаш ду моҳ пеш аз интихобот дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва на камтар аз 6 аъзо ташкил медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Ташкили комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо назардошти сурат мегирад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065, аз 19.07.2019 № 1639).

Ташкили комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли бо пешниҳоди раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва комиссияи ҳавзавии интихоботи аъзои Маҷлиси милли аз шаҳру ноҳиҳои тобеи ҷумҳури бошад, бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 14. Ваколатҳои комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагон

Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дорои ваколатҳои зерин мебошад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508):

1) иҷрои Қонуни конститутсионии мазкурро дар ҳудуди ҳавзаи интиҳобот назорат мекунад;

2) участкаҳои интихоботро ташкил менамояд, онҳоро рақамгузори мекунад, комиссияҳои участкавии интихобот ташкил медихад ва фаъолияти онҳоро танзим менамояд;

3) ахбори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳоро аз руи масъалаҳои тайёри ва гузаронидани интихобот мешунавад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

4) бо тартиби муқарраргардида маблағро байни комиссияҳои участкавии интихобот тақсим менамояд, бо биною наклиёт, воситаҳои алоқа таъмин шудани комиссияҳои участкавии интихоботро мушоҳида мекунад ва масъалаҳои дигари дар ҳавзаҳои интихобот аз ҷихати моддию техники таъмин кардани интихоботро ҳаллу фасл менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);

5) ба тартиб додани руйихатҳои интихобкунандагон ва барои шиносоии умум пешниҳод кардани он мушоҳида мекунад;

6) ба пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон мусоидат менамояд;

7) дар маъракаи интихобот шароити баробари иштироки номзадхоро ба вакилии Маҷлиси намояндагон таъмин менамояд;

8) ҳуҷҷатҳои дахлдорро аз ҳизбҳои сиёси ва шаҳрвандон (ба таври худпешбари), ки ба вакили номзад пешбари кардаанд, қабул менамояд;

9) номзадҳои ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбаришуда ва шахсони боэътимодиу мушоҳидони миллии онҳоро ба қайд мегирад ва ба онҳо шаҳодатномаи дахлдор медиҳад, плакатҳои тарҷимаи ҳоли номзадҳоро ба вакилии Маҷлиси намояндагон нашр менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);

10) мулоқоти номзадҳо ба ваилии Маҷлиси намояндагонро бо интихобкунандагон ташкил мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);

11) ба комиссияҳои участкавии интихобот бюллетенҳои интихоботиро дастрас мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44);

12) натиҷаи интихоботи ҳавзаро муқаррар мекунад ва ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси мефиристад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);

13) овоздиҳи ва интихоботи такрори, ҳамчунин интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ба ҷои вакилони хориҷшударо ташкил мекунад;

14) арзу шикоятҳоро аз хусуси қарору амали комиссияҳои участкавии интихобот барраси намуда, аз рӯи онҳо қарор қабул мекунад;

15) мувофиқи Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро иҷро мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Моддаи 15. Ваколатҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли

Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли дорои ваколатҳои зерин мебошад:

1) ба иҷрои Қонуни конститутсионии мазкур дар ҳудуди ҳавзаи интихобот назорат мекунад;

2) гузориши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро аз рӯи масъалаҳои тайёри ва гузаронидани интихобот мешунавад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065);

3) рӯйхати вакилони интихобкунандаро тартиб медиҳад;

4) дар иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иштирок мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);

5) ҳуҷҷатҳои дахлдорро аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қабул менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);

6) натиҷаи интихоботи ҳавзаро муқаррар мекунад ва ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси мефиристад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);

7) арзу шикоятҳои дохилшударо барраси намуда, аз рӯи онҳо қарор қабул мекунад;

8) интихоботи такрориро оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли ташкил медиҳад;

9) мувофиқи Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро иҷро мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Моддаи 16. Ташкили комиссияҳои участкавии интихобот

Комиссияи участкавии интихоботро оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии интихобот камаш 45 рӯз пеш аз интихобот дар ҳайати на кам аз 5 ва на зиёда аз 19 нафар, аз ҷумла раис, муовини раис, котиби комиссия ташкил мекунад. Дар мавридҳои зарури ҳайати комиссияи участкавии интихобот дар доираи шумораи муқарраршуда каму зиёд шуда метавонад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Дар назди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ (минбаъд - намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ) участкаҳои интихобот бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе назардошти талаботи қисмҳои якум, сеюм, панҷум, шашум ва ҳафтуми моддаи 22 Қонуни конститутсионии мазкур ташкил карда шуда, вазифаи раиси комиссияи участкавии интихоботро роҳбари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати хориҷӣ иҷро менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Моддаи 17. Ваколатҳои комиссияҳо участкавии интихобот

Комиссияи участкавии интихобот дорои ваколатҳои зерин мебошад:

1) рӯйхати интихобкунандагони участкаро тартиб медиҳад;

2) интихобкунандагонро бо рӯйхати интихобкунандагон шинос менамояд, аризаю шикоятҳоро оид ба саҳву хатоҳои рӯйхат баррасӣ менамояд ва масъалаи ба рӯйхат даровардани тағйироти дахлдорро ҳал мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);

3) аҳолиро аз қароргоҳи комиссияи участкавии интихобот ва вақти кори он, инчунин аз рӯзи интихобот ва ҷои овоздиҳи бо хабарнома огоҳ мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);

4) бинои овоздиҳи ва қуттию таҷҳизоти дигари интихоботиро омода месозад;

5) овоздиҳиро дар рӯзи интихобот дар участкаи интихобот ташкил менамояд;

6) бюллетенҳои интихоботро дар асоси рӯйхати интихобкунандагони участкаи интихобот бо пешниҳоди шиноснома (корти идентификатсионӣ) ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияти интихобкунанда медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);

7) шумораи овозҳои дар участкаи интихобот додашударо ҳисоб мекунад;

8) арзу шикоятҳоро оид ба масъалаҳои тайёрии интихобот ва ташкили овоздиҳи барраси намуда, аз рӯи онҳо қapop қабул менамояд;

9) мувофиқи Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро иҷро мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Моддаи 18. Узвият дар комиссияи интихобот

Узви комиссияи интихобот ҳангоми иҷрои ваколатҳояш бояд бетараф ва холис бошад, набояд дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ иштирок кунад, супоришҳои онро иҷро намояд ва дар тарғибу ташвиқи пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда ширкат варзад (Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1639).

Узви комиссияро аз рӯи аризааш оид ба даст кашидан аз ваколат ё дар сурати маҳрум гардидан аз ваколатҳояш аз иҷрои вазифа озод кардан мумкин аст.

Мақоме, ки комиссияи интихоботро ташкил кардааст, ҳуқуқ дорад узви комиссияро, ки талабҳои Қонуни конститутсионии мазкурро риоя намекунад, ё вазифаҳояшро мунтазам ба ҷо намеорад, аз ваколатҳояш маҳрум созад. Дар сурати зарурат узви дигари комиссияи интихобот аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур таъин карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452).

Номзадҳо ба аъзои Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон, вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ судяҳо, прокурорҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шахсони боэътимоди номзадҳо, мушоҳидони миллӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма наметавонанд аъзои комиссияҳои интихобот бошанд. Шаҳрванде, ки ба аъзои Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон номзад пешбари гардидааст ва узви комиссияи интихобот мебошад, аз лаҳзаи номзади аъзои Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифта шуданаш аз вазифаи дар комиссия доштааш озодгардида ҳисоб меёбад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44, аз 21.02.2018 № 1508).

Як шаҳрванд узви фақат як комиссияи интихобот шуда метавонад.

Моддаи 19. Ташкили кори комиссияҳои интихобот

Ҷаласаи комиссияи интихобот дар сурате босалоҳият шуморида мешавад, ки дар он на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати комиссия иштирок карда бошад. "Ҳамаи ҷаласаҳои комиссияҳои интихобот ошкоро гузаронида шуда, барои аҳли ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма дастрас мебошанд". Қарори комиссия бо овоздиҳии ошкоро ва аз нисф зиёди аъзои ҳузурдоштаи комиссия қабул мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).

Узви комиссия, ки бо қарори комиссия рози нест, ҳуқуқ дорад фикри махсуси худро хатти баён кунад, ки он ба протоколи маҷлис замима карда мешавад. Дар ҳолати баробар будани овозҳо овози раиси ҷаласа ҳалкунанда аст (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452).

Мақомоти давлати ва ҳизбҳои сиёси, корхонаю муассиса, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба комиссияҳои интихобот дар иҷрои ваколатҳояшон ёри расонанд, маълумоти барояшон зарурбударо дастраси онҳо кунанд. Комиссияи интихобот ҳуқуқ дорад, ки аз рӯи масъалаҳои тайёри ва гузаронидани интихобот ба мақомоти давлати, ҳизбҳои сиёси ва идтиҳодияҳои ҷамъияти, ба корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, ба мансабдорон муроҷиат кунад ва онҳо уҳдадоранд, ки масъалаи ба миён гузошташударо барраси карда, ба комиссияи интихобот дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз ҷавоб диҳанд (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452).

Раис, муовини раис, котиб ё дигар узви комиссияи интихобот бо қарори комиссия дар давраи тайёри ва гузаронидани интихобот аз иҷрои вазифаҳои истеҳсоли ва ё хидмати метавонанд озод бошанд. Дар ин сурат музди миёнаи меҳнат дар ҷои кори асосиаш нигоҳ дошта мешавад ё музди миёнаи меҳнати ӯ бо тартиби муқарраркардаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз ҳисоби маблағе, ки барои гузаронидани интихобот ҷудо карда мешавад, пардохт мегардад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Комиссияҳои ҳавзави ва участкавии интихобот фаъолияти худро баъди интихоби аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон қатъ мекунанд.

Моддаи 20. Баррасии шикоятҳо аз хусуси қарори комиссияҳои интихобот

Мақомоти ҳизбҳои сиёси, ки номзадҳоро пешбари кардаанд, худи номзадҳо, шахсони боэътимод, мушоҳидон ва интихобкунандагон ба комиссияҳои болоии интихобот ё ба суд аз хусуси қарорҳои комиссияҳои интихобот дар давоми даҳ рӯзи пас аз қабул гардидани қарорҳо шикоят карда метавонанд. Аз хусуси қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ рӯзи баъд аз қабул шудани қарор шикоят кардан мумкин аст. Шикоят баъди расиданаш дар давоми се рӯз ва агар то рӯзи интихобот камтар аз шаш рӯз монда бошад, бояд фавран барраси карда шавад.

III. ҲАВЗАҲО ВА УЧАСТКАҲОИ ИНТИХОБОТ

Моддаи 21. Ташкили ҳавзаҳои интихобот

Барои интихоботи аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон ҳавзаҳои ҳудудии интихобот ташкил карда мешаванд.

Дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоботи аъзои Маҷлиси милли панҷ ҳавзаи интихоботи бисёрмандати, аз ҷумла якҳавзаги дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури дар якҷояги як ҳавза ташкил карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065, аз 18.07.2017 № 1452).

Қароргоҳи комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзоёни Маҷлиси милли дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо мувофиқан марказҳои вилоятҳо - шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд ва шаҳри Қурғонтеппа, барои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури шаҳри Душанбе ба ҳисоб мераванд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон 41 ҳавзаи ҳудудии якмандати ва барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, ки рӯйихаташон аз тарафи ҳизбҳои сиёси пешбари шудааст, як ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурияви ташкил карда мешаванд.

Меъёри шумораи интихобкунандагони ҳавзаи интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси барои ҳар як интихобот бо роҳи тақсими шумораи умумии интихобкунандагони ҷумҳури ба шумораи ҳавзаҳои ташкилёбандаи ҳудудии якмандата муайян карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44, аз 14.03.2014 № 1065, аз 21.02.2018 № 1508).

Ҳавзаҳои интихоботро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси таъсис медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).

Ҳангоми ташкил намудани ҳавзаҳои интихобот талаботи зерин дар назар дошта мешавад:

1) шумораи тақрибан баробари интихобкунандагон дар ҳавзаҳои интихобот бо 15 фоиз каму зиёдии шумораи интихобкунандагон, дар ноҳияҳои дурдаст бошад, то 20 фоиз иҷозат дода мешавад.

2) ҳавзаҳои интихобот ҳудуди ягонаро дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури ташкил медиҳанд. Ташкили ҳавзаҳои интихобот аз ҳисоби маҳалҳои ба ҳам ҳамҳудуд набуда мумкин нест (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452).

Дар сурати риояи талаботи дар бандҳои 1,2 зикршудаи ин модда, чун қоида тақсимоти маъмурию ҳудудии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурси рӯйхати ҳавзаҳои интихоботро бо зикри ҳудуд ва шумораи интихобкунандагони онҳо ва қароргоҳи комиссияҳои ҳавзавии интихобот баъд аз панҷ рӯзи таъйини интихобот чоп мекунад.

Моддаи 22. Тартиб ва меъёри ташкили участкаҳои интихобот

Ба мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои интихобкунандагон ҳудуди шаҳр, ноҳия, ноҳияҳои тобеи шаҳрҳоро ба назар гирифта, участкаҳои интихобот ташкил карда мешаванд. Ҳудуди участкаи интихобот набояд аз ҳудуди ҳавзаи интихобот берун бошад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Участкаҳои интихобот дар назди намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлатҳои хориҷи воқеанд, дар санатория, хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва муассисаҳои дигари доимии муолиҷави, дар ҷои буду боши шаҳрвандон, дар маҳалҳои дурдасту душворгузар, дар маҳалҳое, ки мутобиқи ҷои воқеъгаштаашон ба ҳавзаҳои интихоботи дохиланд, ташкил шуда метавонанд. Масъалаи ба ҳавзаи интихобот вобаста кардани участкаҳои интихоботро, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси ҳал мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452).

Участкаҳои интихобот аз тарафи комиссияҳои ҳавзавии интихобот бо пешниҳоди раисони шаҳрҳо, ноҳияҳо ташкил карда мешаванд.

Хориҷ карда шуд (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Участкаҳои интихобот дар давоми бисту панҷ рӯзи баъди таъйини интихобот ташкил карда мешаванд. Дар намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлатҳои хориҷи воқеанд, инчунин дар маҳалҳои дурдаст ва душворгузар участкаҳои интихобот дар мӯҳлати мазкур ва дар ҳолатҳои истиснои камаш даҳ рӯз пеш аз интихобот ташкил карда мешаванд.

Участкаҳои интихобот дар маҳалҳое, ки на камтар аз 20 нафар ва на зиёдтар аз 3000 нафар интихобкунандагон доранд, ташкил карда мешаванд.

Раиси шаҳр, ноҳия дар асоси пешниҳоди комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба ташкили участкаҳои интихобот дар муддати се рӯз ҳар як участкаи интихоботро барои гузаронидани интихобот ройгон бо бино таъмнн менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).

Комиссияи ҳавзавии интихобот, интихобкунандагонро аз ҳудуди ҳар участкаи интихобот хабардор карда, қароргоҳи комиссияи участкаи интихобот ва бинои овоздиҳиро зикр мекунад.

IV. РӮЙХАТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Моддаи 23. Рӯйхати интихобкунандагон ва тарзи тартиб додани он

Рӯйхати интихобкунандагон оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳар участкаи интихобот тартиб дода мешавад ва ба он раис ва котиби комиссияи участкавии интихобот имзо ва муҳр мегузоранд. Комиссияи участкавии интихобот барои тартиб додани рӯйихат намояндагони аҳли ҷамъиятро ҷалб карда метавонад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шумораи интихобкунандагонро ба ҳисоб гирифта, ба комиссияҳои участкавии интихобот дар бораи интихобкунандагоне, ки дар ҳудуди дахлдор зиндаги мекунанд, барои тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон маълумоти даркори медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Барои дохил кардан ба рӯйхати интихобкунандагон дар ҳавзаи муайяни интихобот далели истиқомат дар ҳудуди ҳавзаи интихобот асос мебошад.

Рӯйхати интихобкунандагон аз рӯи алифбо ё тарзи дигар, ки барои овоздиҳи муносиб аст, тартиб дода мешавад.

Дар рӯйхат насаб, ном ва номи падар, соли таваллуд (синни 18-сола бо иловаи рӯзу моҳи таваллуд) ва суроғаи интихобкунанда нишон дода мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Рӯйхати интихобкунандагон камаш 15 рӯз баъд аз ташкили комиссияҳои участкавии интихобот тартиб дода мешавад.

Рӯйхати вакилони интихобкунандаро комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли бо пешниҳоди раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури 15 рӯз пеш аз интихобот тартиб дода, ба он раис ва котиби комиссия имзо ва муҳр мегузоранд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Рӯйхати вакилони интихобкунанда аз рӯи алифбо ё тарзи дигар тартиб дода шуда, дар он ному насаб, соли таваллуд, номи мақомоте, ки интихобкунанда вакили он мебошад ва суроғаи вакилии интихобкунанда нишон дода мешавад.

Ба рӯйхати интихобкунандагон баъди саршавии ҳисобкунии овозҳо тағйирот даровардан манъ аст.

Рӯйхати интихобкунандагоне, ки низомиёни қисмҳои ҳарби мебошанд, инчунин аъзои оилаҳои низомиён ва интихобкунандагони дигар, ки дар маҳалли қисмҳои ҳарби истиқомат доранд, дар асоси маълумоти пешниҳодкардаи командирони қисмҳои ҳарби тартиб дода мешавад. Низомиёне, ки берун аз қисмҳои ҳарби истиқомат доранд, ба рӯйхати интихобкунандагони маҳалли истиқомат дар асосҳои умуми дохил карда мешаванд.

Рӯйхати интихобкунандагони участкаҳои интихобот, ки дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷи, дар санаторияҳо ва хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва табобатгоҳҳои дигари доими ташкил шудаанд, дар асоси маълумотҳое тартиб дода мешавад, ки роҳбарони муассисаҳои мазкур пешниҳод кардаанд.

Моддаи 24. Тартиби ба рӯйхати интихобкунандагон дохил намудани шаҳрвандон

Ба рӯйхати интихобкунандагон ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот 18-сола шудаанду ҳангоми тартиб додани рӯйхат дар ҳудуди участкаи дахлдори интихобот ба таври доими ё муваққати истиқомат мекунанд ва ҳуқуқи интихоботи доранд, дохил карда мешаванд.

Интихобкунанда ба рӯйхати интихобкунандагони фақат як участкаи интихобот дохил карда мешавад.

Интихобкунандае, ки дар ҳудуди участкаи дахлдори интихобот истиқомат мекунаду бо ягон сабаб ба рӯйхат дохил карда нашудааст, бо қарори комиссияи участкавии интихобот ба он дохил карда мешавад.

Ба рӯйхати вакилони интихобкунанда оид ба интихоботи Маҷлиси милли вакилони мақомоти зерин дохил карда мешаванд:

1) вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳо ва шаҳрҳои  дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо воқеъ буда, ҳамчунин вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065);

2) вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳои дар ҳудуди шаҳри Душанбе воқеъбуда ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе;

3) вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Моддаи 25. Бо рӯйхати интихобкунандагон шиносонидани шаҳрвандон ва ҳуқуқи шикоят кардан аз хусуси саҳву хатои рӯйихат

Рӯйхати интихобкунандагон барои шиносоии умуми понздаҳ рӯз пеш аз интихобот ва дар участкаҳои интихобот, ки дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷи, дар санаторияҳо ва хонаҳои истироҳат, беморхона ва табобатгоҳҳои дигари доими, дар маҳалҳои дурдасту душворгузар ташкил гардидаанд, панҷ рӯз пеш аз интихобот пешниҳод карда мешавад.

Рӯйхати вакилони интихобкунанда оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли барои шиносои тавассути воситаҳои ахбори маҳалли ҳафт рӯз пеш аз интихобот пешниҳод карда мешавад.

Ба шаҳрвандон имконият дода мешавад, ки бо рӯйхати интихобкунандагон дар бинои комиссияи интихобот шинос шуда, дуруст тартиб дода шудани онро тафтиш кунанд.

Ба ҳар шаҳрванд ҳуқуқ дода мешавад, ки аз хусуси ба рӯйхат дохил намудан, нодуруст ба рӯйхат дохил кардан ё аз рӯйхат баровардан, инчунин аз хусуси саҳву хатои маълумот оид ба интихобкунанда шикоят кунад. Комиссияи участкавии интихобот аризаро дар бораи саҳву хатои рӯйхат барраси мекунад ва он вазифадор аст, ки аризаро дар давоми ду рӯз ва дар арафа ва рӯзи интихобот бошад, фавран дида баромада, ба рӯйхат ислоҳоти зарури дохил кунад ё ба аризадиҳанда нусхаи қарори асоснокро аз хусуси рад карда шудани аризааш супорад. Аз хусуси қарори комиссияи участкавии интихобот бо тартиби муқаррашуда ба суд шикоят кардан мумкин аст. Қарори суд қатъист. Комиссияи участкавии интихобот мувофиқи қарори суд ба рӯйхати интихобкунандагон ислоҳ медарорад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Моддаи 26. Таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон дар вақти дигар кардани маҳалли зист

Агар интихобкунанда дар давраи барои шиносоии умуми пешниҳод кардани рӯйхати интихобкунандагон ва то рӯзи интихобот имконият надошта бошад, ки дар маҳалли зисташ бошад (дар сафари хизмати, табобатгоҳ рафтан ва ҳамин гуна сабабҳои дигар), ҳуқуқ дорад бо пешниҳоди шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияти вайро тасдиқ мекунад, аз комиссияи ҳавзавии интихобот бюллетени интихоботро талаб намояд, нисбати номзад иродаи худро изҳор кунад, лифофаи сарбастаро ба комиссияи интихобот супорад. Комиссияи ҳавзавии интихобот инро дар рӯйхати интихобкунандагон бо зикри сана қайд мекунад. Лифофаи сарбаста дар ҳузури интихобкунанда муҳр карда мешавад. Комиссияи интихобот барои сариштаи лифофа масъул аст (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

V. ПЕШБАРИ, БАҚАЙДГИРИ ВА КАФОЛАТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ НОМЗАДҲО

Моддаи 27. Таъини интихоботи аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон

Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон камаш 75 рӯз пеш аз ба охир расидани ваколатҳои аъзои Маҷлиси Олии даъвати қабли таъин карда мешавад. Интихоботи Маҷлиси милли 25 рӯз баъд аз интихоботи Маҷлиси намояндагон гузаронида мешавад.

Дар сурати пеш аз мӯҳлат парокандашавии Маҷлиси Оли дар мавридҳои пешбиникардаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 80 рӯзи баъди парокандашави интихоботро ба Маҷлиси Оли таъйин мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452).

Дар бораи рузи интихобот дар мӯҳлати се рӯз баъд аз таъини он тавассути матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммави хабар дода мешавад.

Амал ё даьвате, ки барои вайрон кардан, бекор намудан ё ба вақти дигар гузарондани интихобот, фаъолият ва расмиёти интихоботии муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур равона шудааст, манъ аст (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).

Моддаи 28. Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон

Вакили Маҷлиси намояндагон ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад ва забони давлатиро донад (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452).

Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил иборат аст:

- 65 фоизи вакилони Маҷлиси намояндагон (41 нафар) аз ҳавзаҳои якмандати интихоб карда мешаванд;

- 35 фоизи вакилони Маҷлиси намояндагон (22 нафар) аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурияви мутаносибан ба шумораи овозҳое, ки ба рӯйхати номзадҳои аз тарафи ҳизбҳои сиёси пешниҳодгардида дода шудаанд, интихоб карда мешаванд.

Моддаи 29. Интихобот ва таъин намудани аъзои Маҷлиси милли

Аъзои Маҷлиси милли ба мӯҳлати 5 сол интихоб ва таъин карда мешаванд.

Маҷлиси милли иборат аст аз 25 нафар аъзо, ки онҳо дар асоси намояндагии манфиатҳои минтақави интихоб мешаванд, аз президентҳои собиқ, агар онҳо аз ин ҳуқуқашон даст накашида бошанд ва 8 нафар аъзои дигар, ки онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мӯҳлати ваколати Маҷлиси милли таъйин мекунад.

Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси милли (25 нафар) дар асоси намояндагии манфиатҳои ҳудудҳо аз тарафи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ интихоб мешаванд. Аъзоёни мазкур бо шумораи баробар 5 нафари аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҳар як вилоят, шаҳри Душанбе ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури якҷоя интихоб мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси милли мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳуқуқ даст накашад (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452).

Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро (8 нафар) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад.

Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад ва забони давлатиро донад (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452).

Аъзои Маҷлиси милли, ки аз тарафи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ   интихоб мешаванд, бояд дар ҳудуди ҳавзаҳои дахлдор истиқомати доими дошта бошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Моддаи 30. Ҳукуки пешбарии номзадҳо

Барои пешбари намудани номзадҳои вакилони Маҷлиси намояндагон ҳизбҳои сиёси, инчунин шаҳрвандон бо роҳи худпешбари ҳуқуқ доранд.

Ҳизбҳои сиёси метавонанд шахсонеро ҳам, ки аъзои ҳизбҳои сиёси намебошанд, номзад пешниҳод кунанд.

Ҳизбҳои сиёси ба шарте номзадро ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбари карда метавонанд, агар онҳо ба тартиби муқарраркардаи қонун то рӯзи таъини интихобот дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда бошанд ва дар бораи сарчашмаи даромадашон ҳуҷҷат пешниҳод кунанд.

Ҳуқуқи пешбарии номзадҳоро ба аъзогии Маҷлиси милли Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо, шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо доранд (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Моддаи 31. Тартиби пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон

Пешбари намудани номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот 60 рӯз пеш аз интихобот, аз рӯи рӯйхати номзадҳо бошад, баъд аз таъйини интихобот cap шуда, 45 рӯз пеш аз интихобот ба охир мерасад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Пешбарии номзадҳои вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои интихоботии якмандати аз ҳизбҳои сиёси аз тарафи мақомоти шаҳри (ба истиснои мақоми ҳизбии шаҳри Душанбе), ноҳиявии ҳизбҳои сиёси дар пленумҳои (конференсияи) онҳо бо зикри ҳавзаи интихоботи, ки номзадашон пешбари мешавад, сурат мегирад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Дар ин пленуми (конференсияи) ҳизбҳои сиёси аъзои комиссияи ҳавзавии интихобот ҳуқуқ доранд иштирок намоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Мақомоти шаҳрию ноҳиявии ҳизбҳои сиёси ба ҳар як ҳавзаи интихоботие, ки дар ҳудуди шаҳр ва ноҳия воқеъ гардидааст, як номзади пешбари мекунанд. Қарор дар бораи пешбарии номзад ба таври пинҳони қабул карда мешавад.

Дар мавриде, ки ҳудуди ҳавзаи интихобот ҳудуди ду ва зиёда ноҳия ва шаҳрро дарбар гирад, пешбарии номзадҳо аз ҳизбҳои сиёси ба ин ҳавза дар пленумҳои (конференсияҳои) якҷояи ноҳияви ва шаҳрии ҳизб сурат мегирад. Дар ин ҳолат ба ин ҳавза як номзад пешбари карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452, аз 21.02.2018 № 1508)

Тартиби пешбари кардани номзади вакили Маҷлиси намояндагонро ҳизбҳои сиёси муқаррар мекунад. Дар бораи пешбарии номзади вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳизби сиёси қарор қабул мегардад ва протокол тартиб дода мешаванд. Дар қарор инҳо сабт мегарданд: номи қарор ва мақом, сана, ҷой, ном ва рақами ҳавзаи интихоботи, ҳалли масъалаи баррасишуда, имзои раисикунанда ва муҳр. Протокол масоили зеринро дар бар мегирад: номи мақом, сана ва ҷой, шумораи аъзои мақом, шумораи иштирокчиён, масъалаи баррасишуда, ном ва рақами ҳавзаи интихоботи, пешниҳодот оид ба номзадҳо, муҳокимаи номзадҳо, шакли овоздиҳи, натиҷаи овоздиҳи, матни қарори қабулшуда, имзои раисикунанда ва котиби маҷлис, муҳр. Дар бораи қарори қабулшудаи ҳизби сиёси ба номзади вакили Маҷлиси намояндагон камаш дар давоми ду рӯз хабар медиҳад.

Рӯйхати номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурияви аз тарафи ҳизбҳои сиёси дар анҷумани (конференсияҳои) онҳо пешбари карда мешавад.

Рӯйхати номзадҳо ва тартиби ҷобаҷокунии номзадҳоро дар рӯйхат ҳизби сиёси муайян мекунад. Рӯйхати номзадҳо ва тартиби ҷобаҷокунии номзадҳо дар рӯйхат баъд аз пешниҳод намудани он ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси тағйир дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳои хориҷ шудани номзад аз рӯйхат.

Шумораи умумии номзадҳо, ки аз тарафи ҳизбҳои сиёси мувофиқи рӯйхат пешниҳод мешаванд, набояд аз 45 фоизи миқдори умумии вакилони Маҷлиси намояндагон зиёд бошад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Рӯйхати номзадҳои аз тарафи ҳизбҳои сиёси пешниҳодшуда, протокол ва қарори анҷумани (конференсияи) ҳизби сиёси, ки дар он рӯйхати номзадҳо пешбари шудаанд, ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси пешниҳод карда мешавад. Дар қарор инҳо сабт мешаванд: номи мақом ва қарор, сана ва ҷой, ҳалли масъалаи баррасишуда, имзои раисикунанда ва муҳр. Рӯйхати номзадҳои пешбаришуда ба қарор замима мегардад. Протокол масъалаҳои зеринро дар бар мегирад: номи мақом, сана ва ҷой, шумораи аъзои мақом, шумораи иштирокчиён, масъалаи баррасишуда, пешниҳодот оид ба номзадҳо, муҳокимаи номзадҳо, шакли овоздиҳи, натиҷаи овоздиҳи, матни қарори қабулшуда, имзои раисикунаида, котиби маҷлис ва муҳр.

Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурси ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи сиёсиро дида баромада, ба ҳизби сиёси дар муддати панҷ рӯзи кори нусхаи рӯйхати тасдиқкардаашро ва ё қарори асосноки худро дар бораи рад кардани тасдиқи рӯйхати мазкур медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).

Дар мавриди тасдиқ накардани рӯйхати номзадҳо ҳизби сиёси метавонад дар давоми 10 рӯзи пас аз қабул гардидани қарор ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд ва Суди Оли уҳдадор аст, ки дар муддати на дертар аз 6 рӯз шикоятро мавриди барраси қарор диҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Комиссияи Марказии интихобот ва райъпурси рӯйхати номзадҳо ҳизбҳои сиёсии дар интихобот аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурияви иштироккунандаро дар воситаҳои ахбори омма интишор менамояд.

Пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот ба тартиби худпешбари бо роҳи пешниҳоди ариза ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба овоз мондани номзадии ӯ сурат мегирад. Номзад бояд барои тарафдории худ на камтар аз 500 имзои интихобкунандагони ин ҳавзаро ҷамъ намояд. Ҳар интихобкунанда бояд ба тарафдории фақат як номзад аз ҳавзаи маҳали истиқомати худ имзо гузорад. Дар варақаҳои имзогузори насаб, ном ва номи падар, номзад ва шахси ташаббускори номзад, ҷои истиқомат, серия ва рақами шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияти шахси ташаббускорро тасдиқ мекунад, рақами тартиби, насаб, ном ва номи падари, рӯз, моҳ ва соли таваллуд, шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияти имзогузорандаро тасдиқ мекунад, силсила ва рақами он ҳуҷҷатҳои истиқомат, имзои шахси имзогузоранда ва таърихи имзои варақа сабт мегарданд. Намунаи варақаи имзогузориро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси муайян мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065аз 21.02.2018 № 1508). 

Моддаи 32. Тартиби пешбарии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси милли

Пешбарии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси милли даҳ рӯз баъд аз интихоботи Маҷлиси намояндагон огоз ёфта, 7 рӯз пеш аз интихоботи Маҷлиси милли ба охир мерасад.

Номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси милли дар иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо  ва ноҳияҳо, шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо дар сурати мавҷуд будани кворум пешбари карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Қарори иҷлосия дар бораи пешбарии номзад бо аксарияти овози вакилони Мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ба таври пинҳони қабул карда шуда, дар давоми 3 рӯз ба номзад хабар дода мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонанд танҳо як номзадро аз ҳавзаи интихоботие, ки худ дар он воқеъ гардидаанд, пешбари кунанд. Мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он метавонанд на зиёда аз ду номзадро аз ҳавзаи интихоботие, ки худ дар он воқеъ гардидаанд, пешбари кунанд. Зимнан якчанд мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонанд як номзадро пешбари намоянд Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Дар ҳолати пешбари нашудани ягон номзад ё аз шумораи муқарраргардида камтар будани шумораи номзадҳои пешбаришуда ва ё то ба қайд гирифтани номзадҳои пешбаришуда онҳо номзадии худро гирифтаанд, ё хориҷ гардидаанд, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси дар асоси пешниҳоди комиссияи ҳавзавии интихобот бо қарори худ мӯҳлати пешбарии номзадҳоро на зиёдтар аз 30 рӯз дароз менамояд.

Моддаи 32 (1). Гарави интихоботи

Номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот пеш аз бақайдгирӣ ва баъди аз тарафи комиссияи ҳавзавии дахлдори интихобот муайян намудани мувофиқати ӯ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии мазкур, аз маблағи шахсии худ ба суратҳисоби муваққатии махсуси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ва шуъбаҳои он ба миқдори 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо гарави интихоботӣ месупорад. Дар ин бора аз ҷониби бонки мазкур фавран ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Дар сурати ба даст овардани на кам аз 10 фоизи овозҳои интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии дахлдори дар овоздиҳӣ иштироккарда гарави интихоботӣ ба номзад баргардонида мешавад. Ҳангоми бекор кардани қарори пешбарии номзад аз тарафи ҳизби сиёсӣ ё пас гирифтани номзадӣ аз ҷониби номзад гарави интихоботӣ бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ мегузарад (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.2014 № 1086).

Ҳизбҳои сиёсие, ки рӯйхати номзадҳоро ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурияви пешниҳод намудаанд, баъд аз санҷиши мувофиқ будани номзадҳо ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии мазкур аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси, аз маблаги худ ба суратҳисоби муваққатии махсуси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ва шуъбаҳои он мутаносибан ба ҳар номзади пешниҳодшуда 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо гарави интихоботи месупоранд. Гарави интихоботи дар сурати аз тарафи ҳизби сиёси гирифтани на камтар аз панҷ фоизи овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳи иштироккарда ба ҳизби сиёси баргардонида мешавад. Дар ҳама ҳолатҳои дигар гарави интихоботии ҳизби сиёси баргардонида намешавад ва ба буҷети ҷумҳурияви мегузарад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44, аз 6.10.2008 № 444, аз 14.03.2014 № 1065,  аз 21.02.2018 № 1508).

Моддаи 33. Шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи ба аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон номзад шуданро надоранд

Шаҳрвандони зерин ҳуқуқи ба аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон номзад шуданро надоранд:

- шаҳрвандоне, ки ба талаботи муқарраркардаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии мазкур ҷавобгӯ нестанд (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452, аз 21.02.2018 № 1508);

- шаҳрвандоне, ки забони давлатиро намедонанд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);

- шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ камтар аз 7 соли охир истиқомат доранд - барои номзад ба аъзои Маҷлиси миллӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);

- шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ камтар аз 5 соли охир истиқомат доранд - барои номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);

- шахсоне, ки шаҳрвандиашон қатъ гардидааст ё шаҳрвандии давлати дигарро соҳиб шудаанд (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452);

- шаҳрвандоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳруми аз озоди нигоҳ дошта мешаванд ва ё бо қарори суд дар муассисаҳои табобати маҷбури мебошанд;

- хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшуну сохторҳои ҳарбӣ, вазорату идораҳо, ки дар онҳо Қонун хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудааст, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти гумрук ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2007 № 256).

- ходимони касбии идтиҳодияҳои дини ҳангоми дар вазифа буданашон (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);

- шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои барқасдонаи вазнин ва махсусан вазнин суд шудаанд новобаста аз гузаштани мӯҳлат ва бардошта шудани доғи судиашон;

- шаҳрвандоне, ки доғи судиашон бардошта нашудааст;

- шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои ба муқобили асосҳои сохти конститутсиони ва амнияти давлат ва дигар ҷиноятҳои барқасдонаи вазнин ва ё махсусан вазнин аз тарафи мақомоти таҳқиқу тафтишот гумонбар шудаанд ё нисбати онҳо кофтуков эълон карда шудааст, ба истиснои иштироккунандагони муқовимати сиёсию низоми, ки шомили авф гардидаанд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Моддаи 34. Талаботе, ки нисбати номзадҳо пешниҳод мешаванд

Шаҳрванд наметавонад дар як вақт узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон бошад.

Вакили Маҷлиси намояндагон наметавонад дар як вақт вакили мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бошад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Аъзои Маҷлиси милли дар як вақт вакили зиёда аз ду мақоми намояндагии ҳокимият буда наметавонад.

Аъзои ҳукумат, судяҳо, Прокурори генерали, муовинони ӯ, прокурорҳо ва дигар шахсони мансабдори мақомоти прокуратура, муовинони вазирон ва раисони кумитаҳои давлати, роҳбарони мақомоти идораи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, роҳбарони консернҳо, ширкатҳо, ассосиатсияҳо ва корпоратсияҳои давлатии ҷумҳурияви ва муовинони онҳо, ҳамчунин роҳбарон ва шахсони мансабдори бонкҳо, дар як вақт аъзои Маҷлиси милли буда наметавонанд ва ба шарте номзад ба аъзогии Маҷлиси милли ба қайд гирифта мешаванд, ки дар аризаи худ аз хусуси баъди аъзои Маҷлиси милли интихоб шудан аз вазифа рафтанашонро изҳор карда бошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Моддаи 35. Бақайдгирии номзадҳо

Барои бақайдгирии номзадҳо (рӯйхати номзадҳо) ба комиссияҳо интихобот санадҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

1) протокол бо қарори анҷумани (конференсияи) ҳизби сиёси, пленуми (конференсияи) мақомоти шаҳри ва ноҳиявии ҳизби сиёси дар бораи пешниҳоди номзад (рӯйхати номзадҳо); қарори мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи пешниҳоди номзад; қарори мақомоти маҳаллии намояндаги дар бораи пешниҳоди номзад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065);

2) аризаи номзад оид ба розигии вай дар бораи ба овоздиҳи мондани номзадии худ; дар ариза бояд уҳдадории номзад оид ба қатъи фаъолияти худ дар сурате, ки он бо мандати вакили номувофиқ бошад, зикр гардад;

3) маълумот оид ба тарҷимаи ҳоли номзадҳо бо зикри ному насаб, санаи таваллуд, ҷои кор, мансаби ишғолкардааш (машғулият) ва маҳалли зист;

4) нусхаи шиносномаи (корти идентификатсионии) номзад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);

5) нусхаи ҳуҷҷати расмие, ки доштани таҳсилоти олии номзадро тасдиқ мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);

6) маълумотнома аз ҷои истиқомат оид ба муҳлати истиқомати номзад дар ҳудуди ҷумҳурӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);

7) хулосаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);

8) маълумот дар бораи ҳаҷм ва манбаи даромади номзад;

9) маълумот дар бораи амволе, ки ба моликияти номзад мансуб аст;

10) маьлумоти тибби дар бораи солимии рӯҳи (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44);

11) ҳуҷҷат дар бораи гарави интихоботи (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44);

12) маълумот дар бораи ба ҷавобгарии ҷинояти кашида нашудан, маҳкум нашудан ва до(и суди надоштан. Маълумоти мазкур бо талаби комиссияи ҳавзавии интихобот аз ҷониби мақомоти дахлдори давлати пешниҳод мегардад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44);

Пешниҳоди ҳуҷҷатҳоеро, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбини нашудааст, талаб намудан манъ аст (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44);

Маълумот дар бораи ҳаҷм ва манбаи даромади шаҳрванде, ки номзад мебошад дар намуди нусхаи декларатсия дар бораи даромади яксолаи пеш аз соли таъин шудани интихобот (бо қайди мақомоти андоз) пешниҳод карда мешавад.

Агар шаҳрванди номзад буда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи андозҳо ва хироҷҳо барои пешниҳод кардани декларатсия дар бораи даромад уҳдадор набошад, оиди ҳаҷми умумии даромад дар як соли пеш аз таъин шудани интихобот аз ташкилоте, ки даромад гирифтааст, маълумотнома пешниҳод менамояд.

Маълумотнома дар бораи амволе, ки ба ҳуқуқи моликияти номзад мансуб аст, ба шакли муқарраркардаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Дар сурати худпешбарии номзад барои ба қайдгирии санадҳои дар бандҳои 3,4,5,6 ҳамин модда зикршуда, ҳамчунин аризаи номзад оид ба розигии вай дар бораи ба овоздихи мондани номзадии у якчоя бо варакахои имзогири пешниҳод карда мешаванд.

Комиссияи дахлдори интихобот дурустии имзоҳои интихобкунандагонро, ки ба тарафдории номзад ҷамъ карда шудаанд, месанҷад. Тамоми варақаҳо ё як қисми онҳо, ки интихобан гирифта шудаанд, мавриди санҷиш қарор дода шуда метавонад.

Дар сурати ошкор шудани нодурустии имзоҳо, ки боиси аз 500 кам шудани шумораи имзоҳои ҷамъовардашуда мегардад, ва ё пешниҳоди маълумоти нодуруст оид ба даромадҳо ва ё амволе, ки ба моликияти номзад мансуб аст, бақайдгирии номзад рад карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44, аз 14.03.2014 № 1065).

Комиссияи дахлдори интихобот ба талаботи Қонуни конститутсионии мазкур мувофиқат доштани тартиби пешбарии номзадро санҷида, ӯро ба қайд мегирад ё дар бораи рад намудани бақайдгири қарори асоснок мебарорад.

Номзад фақат дар як ҳавзаи интихобот ба қайд гирифта мешавад. Як номзад фақат ба як руйхати номзадҳо дохил карда мешавад. Ин қоида нисбати номзаде, ки аз тарафи ҳизби сиёси ба ҳавзаи якмандати ва ё рӯйхати номзадҳо дохил карда шудааст, татбиқ намегардад.

Ҳангоми бақайдгирии номзад, ки аз тарафи ҳизби сиёси пешбари шудааст, дар қарори дахлдори комиссияи интихобот сабаби пешбари гардидани он аз ҷониби ҳизби сиёси қайд карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Дар сурати рад шудани бақайдгирии номзад (рӯйхати номзадҳо) комиссияи дахлдори интихобот вазифадор аст, ки дар давоми як шабонаруз ба номзад, ҳизби сиёси нусхаи қарори комиссияи интихоботро бо баёни асосҳои радкуни дихад.

Маълумот дар бораи номзадҳои бақайдгирифташуда аз рузи бақайдгири ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси пешниҳод карда мешавад.

Комиссияи дахлдори интихобот дар давоми як ҳафтаи баъди бақайдгирии номзадҳо дар ҳавзаҳои интихоботии якмандати дар матбуот оид ба қайд гирифта шудани онҳо бо зикри насаб, но ва номи падар соли таваллуд, ҳизбият, мансаб (шуғл), ҷои кор ва маҳалли зисти ҳар номзад ахборот чоп мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси на дертар аз рузи ҳафтуми бақайдгирии руйхати номзадҳо ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурияви руйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсиро дар матбуот чоп мекунад.

Комиссияи дахлдори интихобот дар давоми се рӯз баъди бақайдгири ба номзад шаҳодатномаи дахлдори номзадиро бо зикри ҳавзаи интихоботи ва санаи бақайдгири месупорад.

Бақайдгирии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон 45 рӯз пеш аз интихобот cap шуда, 20 руз пеш аз интихобот ба охир мерасад.

Бақайдгирии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси милли дар давоми се рӯз аз лаҳзаи расидани ҳуҷҷатҳои зарури, вале на дертар аз 4 рӯз пеш аз интихобот ба охир мерасад.

Моддаи 36. Бекор кардани қарори пешбарии номзад. Номзадии худро пас гарифтани номзад

Мақоми ҳизби сиёси, ки номзад пешбари кардааст, ҳуқуқ дорад на камтар аз 10 рӯз то рӯзи интихобот қарори худро дар бораи пешбарии номзад бекор кунад. Аз руи ин масъала қарор ба тартибе, ки барои пешбарии номзад пешбини шудааст, қабул карда шуда, ба комиссияи дахлдори интихобот пешниҳод мегардад. Ин номзадро комиссияи ҳавзавии интихобот аз мақоми номзади маҳрум месозад. Номзад метавонад дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯз то рӯзи интихобот ба комиссияи дахлдори ҳавзавии интихобот ариза навишта, номзадиашро пас гирад. Комиссияи ҳавзавии интихобот, ки номзадро ба қайд гирифтааст, дар бораи бекор кардани қарори пешбарии номзад ё номзадиашро пас гирифтани номзад ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси, ба аҳолии ҳавзаи интихобот, мақоми ҳизби сиёси, ки номзадро пешбари кардааст, хабар медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065, аз 21.02.2018 № 1508).

Моддаи 37. Мақоми номзадҳо

Ҳамаи номзадҳо дорои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар мебошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Маъмурияти корхона, муассисаю ташкилот, ки дар онҳо номзадҳои ба қайд гирифташуда кор мекунанд, аз рузи бақайдгирии номзад аз тарафи комиссияи дахлдори интихобот то рӯзи эълони расмии натиҷаи умумии интихобот уҳдадоранд дар асоси аризаи номзад ӯро аз иҷрои вазифаҳои хизмати дар хар вақт ва дар ҳар рӯз дар давоми ин мӯхлат бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат аз ҳисоби ташкилот, муассисаю корхона новобоста аз шакли моликият, озод намоянд.

Дар вақти гузаронидани интихобот номзади ба қайдгирифташударо бо ташаббуси маъмурият (корфармо) аз кор (вазифа) озод кардан ё бе розигиаш ӯро ба дигар кор (вазифа) гузаронидан мумкин нест (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Вақти иштироки номзади ба қайдгирифташуда дар интихобот ба собиқаи кори номзад дохил карда мешавад.

Номзади ба қайд гирифташударо бе розигии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷои содир намудани ҷиноят (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Номзадҳо аз лаҳзаи ба қайд гирифта шуданашон дар маъракаи интихобот дар асосҳои баробар иштирок мекунанд, дар гузаронидани маҷлисҳои пеш аз интихобот ва маҷлисҳои дигар, истифодаи имконияти воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла радио ва телевизион ҳуқуқи баробар доранд.

Номзад метавонад бо барномаи фаъолияти ояндаи худ баромад кунад. Барномаи номзад набояд хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452).

Аз тарафи номзад вайрон намудани талаботи пешбиникардаи ин модда боиси бекор карда шудани қарори комиссияи интихобот дар бораи бақайдгирии номзад мегардад.

Моддаи 38. Шахсони боэътимоди номзадҳо ва ҳизбҳои сиёси

Номзадҳо ва ҳизбҳои сиёси, ки рӯйхати номзадҳоро пешниҳод намудаанд, ҳуқуқ доранд шахсони боэътимод дошта бошанд.

Бақайдгирии шахсони боэътимод дар муддати се рӯз аз тарафи комиссияи интихобот, ки номзадро (рӯйхати номзадҳоро) ба қайд гирифтааст, дар асоси аризаи хаттии номзад, пешниҳоди ҳизби сиёси ва аризаи шаҳрванд барои розигиаш дар бораи шахси боэътимод шудан сурат мегирад. Комиссияи интихобот ба шахси боэътимод шаҳодатнома медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).

Номзадҳо метавонанд то 5 нафар шахсони боэътимод ва ҳизбҳои сиёсие, ки рӯйхати номзадҳоро пешниҳод намудаанд, то 5 нафар шахсони боэътимод дошта бошанд. Аъзои комиссияҳои интихобот, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судяҳо, хизматчиёни ҳарби ва шаҳрвандони хориҷи", мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ наметавонанд шахсони боэътимод бошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44, аз 21.02.2018 № 1508).

Шахсони боэътимод дар доираи ваколатҳое, ки номзадҳо ва ҳизбҳои сиёси додаанд, амал мекунанд.

Шахсони боэътимод ҳуқуқ доранд:

- бо ҳар шаклу усули қонуни барои интихоб шудани номзад (рӯйхати номзадҳо) ташвиқот баранд ва фаъолияти дигарро иҷро намуда, барномаи пешазинтихоботии номзадро таблиғ кунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);

- дар маҷлисҳои пешазинтихоботи, вохури бо интихобкунандагон баромад кунанд ва дар бахсу мунозираҳои пешазинтихоботи иштирок намоянд;

- барои гузаронидани маҷлисҳои пешазинхоботи ва вохуриҳо бо интихобкунандагон аз кӯмаки мақомоти давлати ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот истифода баранд (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065);

- дар маҷлисҳои комиссияҳои интихоботи иштирок кунанд;

- дар участкаҳои интихоботи ҳангоми гузаронидани овоздиҳи, ҳисобкунии овозҳои интихобкунандагон ва ҷамъбасти натиҷаҳои овоздиҳи ҳузур дошта бошанд;

- бо ҳуҷҷатҳои комиссияҳои интихобот, ҳамчунин протоколҳои ҷамъбасти овоздиҳи ва натиҷаҳои интихобот шинос шаванд;

- аз қарору амалҳои комиссияи интихобот шикоят кунанд ва дар баррасии шикояту аризаҳо иштирок намоянд.

Шахсони боэътимоди номзадҳо, ҳизбҳои сиёси ҳуқуқ надоранд ба кори комиссияҳои интихоботи мудоҳила намоянд.

Номзадҳо, ҳизбҳои сиёси ҳуқуқ доранд дар ҳар вақт шахсони боэътимоди худро бозхонанд ва дар ин бора ба комиссияи интихобот хабар диҳанд.

Комиссияи интихобот шаҳодатномаи ба шахсони боэътимод додаашро дар сурати талаботи Қонуни конститутсионии мазкурро вайрон кардани онҳо бекор мекунад.

Ваколати шахсони боэътимод якҷоя бо аз байн рафтани мақоми номзадҳои бақайдгирифташудаи, ки шахсони боэътимодро таъин кардаанд ё бозхондани рӯйхати номзадҳо ва ё аз интихобот даст кашидани ҳизбҳои сиёси қатъ мегардад.

Моддаи 39. Гузаронидани ташвиқоти пеш аз интихобот

Давлат ба шаҳрвандон, номзадҳо, ҳизбҳои сиёси дар давраи пеш аз интихобот бе мамониат ташвиқот бурданро мувофиқи Қонуни конститутсионии мазкур таъмин менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Шаҳрвандон, номзадҳо, ҳизбҳои сиёси метавонанд бо шаклу усулҳои қонуни барои иштирок дар интихобот озодона ва ҳаматарафа ташвиқот баранд, барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо, сифатҳои сиёси, кори, шахсии онҳо, ҳамчунин барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсиро мухокима намоянд, ба тарафдори ё зидди ин ё он номзад дар маҷлисҳо ва воситаҳои ахбори омма ташвиқот баранд.

Комиссияи интихобот якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои гузаронидани ин вохуриҳо мусоидат мекунанд, биноҳо ҷудо менамоянд, аз вақту маҳалли вохуриҳо пешаки хабар медиҳанд ва дигар чорабиниҳои заруриро амали мекунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ наметавонанд дар вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон раисӣ кунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Ба номзадҳо, ҳизбҳои сиёси барои истифодаи ахбори омма шароитҳои баробар кафолат дода мешавад.

Ташвиқоти пешазинтихоботӣ интихобот бо роҳҳои зерин сурат мегирад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508):

- аз тариқи воситаҳои ахбори омма;

- гузаронидани маъракаҳои оммави (маҷлисҳо ва вохуриҳо бо шаҳрвандон; ташкили баҳсу мунозираҳо);

- нашр ва паҳн намудани маводи чопии ташвиқоти;

- бо дигар шаклҳое, ки Қонуни конститутсионии мазкур муқаррар намудааст.

Номзад, ҳизбҳои сиёси метавонанд мустақилона шаклҳо ва хусусияти ташвиқоти худро аз тариқи воситаҳои ахбори омма муайян намоянд. Дар ташвиқоти пеш аз интихобот аъзоёи комиссияҳои интихобот, иттиҳодияҳои дини, судяҳо, ҳамчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарби, мушоҳидони байналмилалӣ иштирок карда наметавонанд (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452, аз 21.02.2018 № 1508).

Дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ иштироки намояндагони давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд манъ аст (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Хабарнигорон, дигар кормандони эҷоди, ҳамчунин шахсони мансабдори идораҳои воситаҳои ахбори омма, ки онҳо номзад ва ё шахсони боэътимод мебошанд, наметавонанд дар инъикоси ҷараёни интихобот аз тариқи ин воситаҳои ахбори омма иштирок намоянд. Ин қоида ба баромадҳои ташвиқотии шахсони мазкур дар мавриди ройгон истифода намудани шабакаҳои радиотелевизионии давлати ва маҳалли аз тарафи номзад дахл надорад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Ҳангоми нашри натиҷаи пурсиши афкори умум вобаста ба интихобот воситаҳои ахбори омма вазифадор ҳастанд ташкилотеро, ки пурсиш гузаронидааст, вақт ва ҷой, шумораи пурсидашудагон, тарзу усули ҷамъоварии маълумот, баёни дақиқи савол, арзёбии омории саҳву хатоҳои эхтимолиро нишон диҳанд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Ташвиқоти пешазинтихобот аз рӯзи бақайдгирии номзад (рӯйхати номзадҳо) оғоз гардида, як шабонарӯз пеш аз интихобот қатъ мегардад.

Дар давоми панҷ рӯзи пеш аз овоздиҳи, ҳамчунин дар рӯзи овоздиҳи дар воситаҳои ахбори омма нашр намудани натиҷаи пурсиши афкори умум, пешгуиҳои натиҷаи интихобот ва дигар тадқикотҳои вобаста ба интихобот мумкин нест.

Ҳар як номзад ба вакили аз ҳавзаи якмандата барои баромад аз тариқи радио ва телевизиони давлати то 20 дақиқа, ҳар як ҳизби сиёси то 40 дақиқа вақти эфири ройгон ҳуқуқ дорад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44, аз 14.03.2014 № 1065, аз 21.02.2018 № 1508).

Комиссияҳои интихобот ба тартиби муқарраршуда ба гузаронидани ташвиқоти пешазинтихобот назорат мекунанд.

Дар вақти бурдани ташвиқот истифодаи усулҳои маҷбуркунии рӯҳи, ҷисмони, дини, суиистифодаи озодии воситаи ахбори омма, ташвиқоте, ки ҳисси бадбини ва хусумати иҷтимои, нажоди, миллиро бедор мекунанд, ба ғасби ҳокимият, зуран тағйир додани сохти конститутсиони, вайронкунии тамомияти кишвар даъват менамояд, ташвиқоти ҷанг ва дигар шаклҳои суиистифодаи озодии воситаи ахбори омма, ки қонунҳои Тоҷикистон манъ кардаанд, иҷозат дода намешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44, аз 21.02.2018 № 1508).

Воситаҳои ахбори омма, ки дар маъракаҳои пешазинтихоботи иштирок менамоянд, ҳуқуқ надоранд ба нашри ахбороте, ки шаъну шараф ва обрую эътибори кории номзадро паст мезананд, роҳ диҳанд (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452).

Вайрон намудани талаботи дар ин модда пешбинишуда барои бекор кардани қарор оид ба бақайдгирии номзад (рӯйхати номзадҳо) асос мешавад.

VI. ТАШКИЛ ВА ТАРТИБИ ОВОЗДИҲИ

Моддаи 40. Бинои овоздиҳи

Биноҳо барои овоздиҳи дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ихтиёри комиссияҳои участкавии интихобот ройгон дода мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Биноҳо барои овоздиҳи дар интихоботи аъзои Маҷлиси милли биноҳое мебошанд, ки дар он ҷо ҷаласаҳои мақомоти дахлдори намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои интихоби аъзои Маҷлиси милли гузаронида мешаванд. Ин биноҳо бояд хатман дар ҳудуди ҳамон шаҳрҳое ҷойгир бошанд, ки дар он ҷо қароргоҳи комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли воқеъ гардидааст (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065, аз 21.02.2018 № 1508).

Дар биноҳои овоздиҳи ҳуҷраҳо ва дигар ҷойи махсус таҷҳизонидашуда барои овоздиҳии пинҳони омода карда мешаванд. Қуттиҳои интихоботи бояд дар ҷои намоён ва дастрас барои аъзои комиссия ва мушоҳидон тавре гузошта шаванд, ки овоздиҳандагон ба назди онҳо ҳатман аз ҳуҷраҳо ё хонаҳои овоздиҳии пинҳони гузашта раванд (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).

Дар рӯзи интихобот дар дохили хонаи овоздиҳи ҳузури шахсони мусаллаҳ ва либоси низомидошта, аз ҷумла кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ба истиснои ҳолатҳои барои бартараф намудани ҳуқуқвайронкуни, манъ аст (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).

Моддаи 41. Бюллетени интихобот

Бюллетенҳои пнтихоботро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси чоп мекунад ва онҳо бояд на кам аз як дараҷаи ҳифозат дошта бошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).

Барои гузаронидани интихобот интихобкунанда бюллетени интихоботро мегирад, ки он ҳуҷҷати махсуси ҳисоботи мебошад. Шумораи бюллетени интихобот бояд ба шумораи интихобкунандагони ба қайд гирифташуда мувофиқат кунад, ки онҳо бояд дар ҳузури аъзои комиссияи участкавии интихобот ҳисоб карда, санҷида ва ба протокол то о(ози овоздиҳи ҳамроҳ карда шаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).

Ба бюллетени интихобот ба тартиби алифбо ному насаб, соли таваллуд, мансаб (шуғл), ҷои кор ва истиқомати номзади ба қайд гирифташуда зикр гардида, ҳамчунин маълумот дар бораи аз тарафи ки пешниҳод шудани номзад навишта мешавад.

Дар сурати гузаронидани интихобот аз рӯи рӯйхати номзадҳо ба бюллетени интихобот номҳои ҳизбҳои сиёси аз рӯи алифбои тоҷики навишта мешавад.

Дар бюллетенҳои интихобот баъд аз рӯйхати номзадҳо ва рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқан сатри алоҳида бо ифодаи "муқобили ҳамаи номзадҳо" ва "муқобили ҳамаи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ" дарҷ карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Бюллетенҳои интихоботи барои Маҷлиси намояндагон на дертар аз даҳ рӯз ва барои Маҷлиси милли бошад на дертар аз се рӯз то интихобот ба забони давлати ва забоне нашр карда мешаванд, ки аксарияти аҳолии ҳавзаи интихобот ба он гaп мезананд.

Комиссияҳои интихобот бюллетенҳои интихоботро бо санад месупоранд.

Ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот бюллетенҳои интихобот на дертар аз ҳафт рӯз ва ба комиссияҳои участкавии интихобот на дертар аз ду рӯз то интихобот супорида мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Барои дуруст супоридани бюллетенҳои интихобот раиси комиссияи интихобот масъул мебошад.

Дар ҳолати хориҷ гардидани баъзе аз номзадҳо, ҳизбҳои сиёси баъд аз чоп кардани бюллетенҳои интихобот комиссияҳои участкавии (ҳавзавии) интихобот бо супориши комиссияҳои болоии интихобот маълумотҳоро дар бораи номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсии зикршуда аз бюллетенҳо хат мезананд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Биноҳое, ки дар онҳо бюллетенҳо нигоҳдори мегарданд, муҳр карда ва муҳофизаташон ба зиммаи мақомоти корҳои дохили гузошта мешавад.

Моддаи 42. Тартиби овоздиҳи дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон

Овоздиҳи дар рӯзи интихобот аз соати 6:00 то 20:00 гузаронида мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Дар участкаҳои интихобот, ки дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷи, дар санаторияҳо, хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва табобатгоҳҳои дигари доими, дар маҳалҳои дурдасту душворгузар ташкил шудаанд, комиссияи участкавии интихобот метавонанд овоздиҳиро ҳар вақт анҷомёфта эълон кунад, ба шарте ки ҳамаи интихобкунандагони ба рӯйихат воридшуда овоз дода бошанд.

Комиссияи участкавии интихобот вақту ҷои овоздиҳиро ба интихобкунандагон камаш даҳ рӯз пеш аз интихобот хабар медиҳад.

Ҳар як интихобкунанда шахсан овоз медиҳад. Ба ҷои дигарон овоз додан мумкин нест (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Дар рӯзи интихобот, пеш аз оғози овоздиҳи раиси комиссияи участкавии интихобот дар ҳузури аъзоёи комиссия, инчунин мушоҳидон ва шахсони дигар, намояндагони воситаҳои ахбори омма қуттиҳои интихоботиро аз назар гузаронида, муҳр мекунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Бюллетенҳои интихоботро комиссияи участкавии интихобот дар асоси рӯйхати интихобкунандагони участкаи интихобот бо пешниҳоди шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияти интихобкунанда медиҳад. Ҳар интихобкунанда бюллетени интихоботро гирифта дар рӯйхати интихобкунандагон дар муқобили насаб, ном ва номи падар худ имзо мегузорад. Додани бюллетенҳои иловаги ба интихобкунанда манъ аст (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Овоздиҳанда бюллетени интихоботро дар хуҷра ё хонаи овоздиҳии пинҳони пур мекунад. Ҳангоми пур кардани бюллетен ғайр аз овоздиҳанда ҳозир будани шахсони дигар манъ аст. Интихобкунандае, ки бюллетенро мустақилона пур карда наметавонад, ҳуқуқ дорад ба хуҷра ё хонаи овоздиҳи бо салоҳдиди худ каси дигарро ғайр аз аъзои комиссияи интихобот, мушоҳидон, намояндагони воситаҳои ахбори омма, мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ даъват кунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Интихобкунанда бояд фақат ба тарафдории як номзад ва ба як ҳизби сиёси овоз диҳад. Интихобкунанда дар бюллетени интихобот дар квадрати холӣ, дар муқобили насаб, ном ва номи падари номзад ё ҳизби сиёсие, ки ба тарафдориашон овоз медиҳад, аломати ҷамъ "+" мегузорад Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Дар мавриди зидди ҳамаи номзадҳо ва рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ овоз додан, интихобкунанда дар бюллетени интихобот дар квадрати холии сатрҳои "муқобили ҳамаи номзадҳо" ва "муқобили ҳамаи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ" аломати ҷамъ "+" мегузорад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Дар ҳолате, ки агар интихобкунанда дар вақти пур кардани бюллетен ба хатоги роҳ диҳад, вай метавонад аз аъзои комиссия, ки ба ӯ бюллетенро додааст, хоҳиш намояд, ки барояш бюллетени нав диҳад. Аъзои комиссия ба вай бюллетени нав дода, дар ин бора ба рӯйхати интихобкунандагон қайди дахлдор мегузорад. Бюллетени вайроншуда дар асоси санад аз ҳисоб бароварда мешавад.

Овоздиҳанда баъди пур кардани бюллетен онро ба қуттии овоздиҳи мепартояд.

Агар баъзе интихобкунандагон ба сабаби бемори ё сабабҳои дигар ба бинои овоздиҳи омада натавонанд, комиссияи участкавии интихобот мувофиқи хоҳиши онҳо ба аъзои ҷудогонааш супориш медиҳад, ки дар маҳалли зисти интихобкунандагони мазкур дар ҳузури мушоҳидон ва шахсони боэътимод овоздиҳи ташкил намоянд ва дар ин хусус дар рӯйхати интихобкунандагон қайд карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).

Интихобкунандагоне, ки бо ягон сабаб ба рӯйхати интихобкунандагон дохил карда нашудаанд, дар асоси ҳуҷҷате, ки шахсияти онҳоро тасдиқ менамояд, ба замимаи рӯйхати интихобкунандагон дохил карда мешаванд.

Дар ҳолате, ки узви комиссияи интихобот, мушоҳидон ва шахсони дигар, ба кори комиссияи интихобот халал расонидани шаванд, ё ба ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон мамониат кунанд, ҳамчунин ба овоздиҳии пинҳони халал расондани шаванд, дар ин маврид узви комиссия фавран аз иштирок дар кори комиссия дур карда шуда, шахсони дигар аз бинои овоздиҳи хориҷ карда мешаванд. Дар ин бора комиссия қарори дахлдор мебарорад ва ҳуқуқ дорад, ки мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор дар бораи ба ҷавобгари кашидани ин шахсон муроҷиат намояд.

Моддаи 43. Тартиби овоздиҳи дар интихоботи аъзои Маҷлиси милли

Интихоботи аъзои Маҷлиси милли дар ҷаласаи якҷояи ҳамаи мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳури гузаронида мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Ин ҷаласаро раиси комиссияи ҳавзавии интихобот мекушояд ва дар он раиси мекунад. Дар ҷаласа протокол тартиб дода мешавад, ки ба он раиси комиссия ва котиби комиссия имзо мегузоранд.

Ҷаласаи якҷояи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба интихоботи Маҷлиси милли он гоҳ салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки дар он аз нисф зиёди шумораи умумии вакилони интихобкунандаи ҳар як мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иштирок карда бошанд. Дар мавриди ҳозир набудани шумораи зарурии вакилони интихобкунанда ҷаласа мавқуф гузошта мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Дар биное, ки ҷаласаи умумии вакилони интихобкунанда гузаронида мешавад, комиссияи ҳавзаи интихобот барои овоздиҳи ҷои ташкил медиҳад.

Овоз додан дар интихоботи Маҷлиси милли берун аз бинои овоздиҳи мумкин нест.

Интихоботи аъзои Маҷлиси милли дар ҷаласаҳои мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ онгоҳ баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар аз нисф зиёди вакилони интихобкунанда овоз дода бошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Ҳамон номзад узви Маҷлиси миллӣ интихобшуда ҳисобида мешавад, агар ба тарафдории ӯ аз нисф зиёди вакилони интихобкунанда овоз дода бошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Ҷаласа баъд аз эълон кардани натиҷаи овоздиҳи аз тарафи раиси комиссияи ҳавзавии интихобот пушида мешавад.

Моддаи 44. Тартиби овоздиҳии пешаки

Агар интихоб кунанда, дар рӯзи интихобот ба участкаи интихобот, ки дар он ҷо ба рӯйхати интихобкунандагон дохил карда шудааст, имконияти омаданро надошта бошад, ҳуқуқ, дорад 7 рӯз пеш аз рӯзи интихобот ба бинои комиссияи ҳавзавии дахлдори интихобот омада, бо пур кардани бюллетен овоз диҳад. Комиссияи интихобот вазифадор аст, ки маҳфияти овоздиҳии ӯро таъмин намояд, ба ғалат нишон додани изҳори иродаи вай роҳ надиҳад, ҳифзи бюллетен ва баҳисобгирии овози интихобкунандаро дар вақти мукаррар намудани натичаи овоздиҳи ва муайян кардани ҷaмъбасти интихобот таъмин созад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Бюллетени интихобот, ки пешаки аз тарафи интихобкунанда пур карда шудааст, ба лифофа гузошта, он ширеш карда мешавад ва дар ҷои ширешшуда имзои ду нафар аъзои комиссияи дахлдори интихобот гузошта, бо муҳри комиссияи интихобот ва имзои овоздиҳанда тасдиқ карда мешавад. Лифофаи ширеш кардашударо котиби комиссияи дахлдори интихобот дар бинои комиссияи ҳавзавии интихобот то лаҳзаи ба комиссияи участкавии интихобот супурдани бюллетенҳо нигоҳ медорад.

Дар рӯзи овоздиҳи раиси комиссияи участкавии интихобот дар ҳузури аъзои комиссияи участкавии интихобот, мушоҳидон ва дигар шахсон пеш аз оғози овоздиҳи дар бораи шумораи интихобкунандагоне, ки пешаки овоз додаанд, маълумот дода, лифофаҳоеро, ки дар онҳо бюллетенҳои овоздиҳи ҷойгиранд ва руйхати интихобкунандагонеро, ки пешаки овоз додаанд, нишон медиҳад. Баъд аз ин лифофаро ба навбат бо риояи махфияти изҳори иродаи интихобкунандагон мекушояд ва бюллетенҳоро ба қуттии овоздиҳи мепартояд. Шумораи интихобкунандагоне, ки пешаки овоз додаанд, қабл аз овоздиҳи ба протокол дар бораи натиҷаи овоздиҳи сабт гардида, дар рӯйхати интихобкунандагоне, ки пешаки овоз додаанд, дар муқобили насаб, ном ва номи падари онҳо ишораи "Пешаки овоз додааст" гузошта мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Овоздиҳии пешаки дар интихоботи аъзои Маҷлиси милли мумкин нест.

Моддаи 45. Протоколи комиссияи участкавии интихобот ва комиссияи ҳавзавии интихобот дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳи

(Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508)

Комиссияи участкавии интихобот ва комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳи протокол тартиб медиҳанд. Протоколи комиссияи мазкур бояд инҳоро дар бар гирад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508):

1) рақами нусхаи протокол;

2) зикри комиссияи дахлдори интихобот;

3) калимаи "Протоколи №";

4) номи комиссияи интихобот бо зикри рақами участкаи интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагон;

5) сатрҳои протокол бояд дорои сабтҳои зерин бошад:

а) шумораи интихобкунандагон, вакилони интихобкунанда, ки ба рӯйихат дохил карда шудаанд, ҳамчунин рӯйхати интихобкунандагоне, ки ба рӯйихат илова шудаанд;

б) шумораи бюллетенхои интихобот, ки комиссияи интихобот гирифтааст;

в) шумораи бюллетенҳои интихобот, ки ба интихобкунандагони пешаки овоздода дода шудааст.

г) шумораи бюллетенҳои аз ҳисоб баровардашуда;

д) шумораи бюллетенҳое, ки ба интихобкунандагон дар участкаҳои интихобот ва ба вакилони интихобкунанда дар ҷаласаҳои якҷояи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар рӯзи овоздиҳи дода шудаанд (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065);

е) шумораи бюллетенҳо дар қуттии овоздиҳи;

ж) шумораи бюллетенҳои эътиборноки интихобот;

з) шумораи бюллетенҳои беэътибор донисташуда;

и) шумораи овозҳои интихобкунандагон, вакилони интихобкунанда, ки ба тарафдории номзади, ҳизби сиёсии ба бюллетенҳои овоздиҳи дохилгардида овоз додаанд;

к) шумораи овозҳои интихобкунандагон, вакилони интихобкунанда, ки ба муқобили ҳамаи номзадҳо, ҳамаи ҳизбҳои сиёси овоз додаанд.

Дар протокол дар бораи ҷамъбасти овоздиҳи сатрҳои зерин низ сабт карда мешаванд:

а) насаб, ном ва номи падари раис, котиб ва дигар аъзои комиссияи интихобот ва имзои онҳо (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065);

б) сана ва вақти имзои протокол;

в) муҳри комиссияи интихобот.

Шумораҳое, ки дар қисми дуюми ин модда омадаанд, дар протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳи бо рақам ва ҳарфҳо навишта мешаванд.

VII. МУАЙЯН КАРДАНИ НАТИҶАҲОИ ИНТИХОБОТ

Моддаи 46. Ҳисобкунии овозҳои интихобкунандагон, вакилони интихобкунанда ва тартиб додани протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои интихобот аз тарафи комиссияҳои интихобот

Ҳисобкунии овозҳои интихобкунандагон, вакилони интихобкунанда фавран баъд аз ҳатми овоздиҳи шуруъ шуда, бе танаффус то муқаррар намудани натиҷаи овоздиҳи идома меёбад.

Баъди гузаштани вақти овоздиҳӣ пеш аз кушодани қуттиҳои овоздиҳӣ аъзои комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот дар ҳузури мушоҳидон ва шахсони боэътимод бюллетенҳои истифоданашударо шумурда, аз ҳисоб мебароранд. Аз ҳисоб баровардани бюллетенҳои истифоданашуда бо роҳи буридани тарафи рости қисми поёнии бюллетен сурат мегирад. Шумораи ин бюллетенҳо эълон мегардад ва ба протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ дохил карда мешавад. Баъд раиси комиссияи участкавии интихобот дурустии муҳри қуттиҳои овоздиҳии сайёрро месанҷад ва ба аъзои комиссияи участкавии интихобот имкон медиҳад, ки онҳо низ ба дуруст будани муҳр боварӣ ҳосил намоянд ва қуттии овоздиҳии сайёрро мекушояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Аъзои комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот бюллетенҳои интихоботро ҳисоб мекунад ва мувофиқи сатрҳои протокол оиди ҷамъбасти натиҷаҳои овоздиҳи шумораи дахлдорро ба он дохил менамояд.

Ҳисобкунии бевоситаи овозҳои интихобкунандагон, вакилони интихобкунанда дар ҷойҳои махсус таҷҳизонидашуда, ки ба он аъзоёи комиссияи интихобот дастраси доранд, гузаронида мешавад. Ба аъзои комиссияи интихобот, ба истиснои раис ва котиби комиссия, ҳангоми ҳисобкунии овозҳо доштани воситаҳои ҳатнависи мумкин нест. Зимнан ҳангоми ҳисобкунии овозҳо фаъолияти аъзои комиссия бояд ба ҳозирон аён бошад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Бюллетенҳои интихоботии намунаашон ғайримуқаррари ба ҳисоб гирифта намешаванд. Бюллетенҳои шаклашон ғайримуқаррари бюллетенҳое ҳисоб карда мешаванд, ки мазмун ва ё шакли онҳо ба матн ва шакли бюллетенҳои мувофиқи Қонуни конститутсионии мазкур тасдиқгардида мувофиқат надорад.

Аъзои комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот бюллетенҳои ба тарафдории ҳар номзад, ҳар ҳизби сиёси овоздодашударо ҷудо мекунанд ва дар айни замон бюллетенҳои шаклашон ғайримуқаррарию беэътиборро алоҳида мегузоранд. Баъд аз ин овозҳои интихобкунандагон, вакилони интихобкунанда аз рӯи бюллетенҳои шаклашон муқаррари оид ба ҳар номзад, ҳар ҳизби сиёси ҳисоб карда мешаванд.

Бюллетенҳои беэътибор алоҳида ҳисоб ва ҷамъ карда мешаванд. Бюллетенҳои беэътибор бюллетенҳое ҳисобида мешаванд, ки дар онҳо зиёда аз як номзад ё зиёда аз як изби сиёси ё ҳамаи номзадҳо ё ҳамаи ҳизбҳои сиёси монда шудааст, ҳамчунин бюллетенҳое, ки аз рӯи онҳо изҳори иродаи интихобкунандаро, вакилони интихобкунанда муайян кардан мумкин нест. Агар оиди беэътибор донистани бюллетен шубҳа пайдо шавад, комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот ин масъаларо бо роҳи овоздиҳи ҳал намуда, дар ақиби бюллетен сабаби беэътибор дониста шудани онро нишон медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Аъзои комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот ба сатри протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳи шумораи бюллетенҳои беэътибор ва баъд шумораи бюллетенҳои шаклашон муқаррариро, ки аз куттиҳои овоздиҳи баромадаанд, зикр менамоянд.

Протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷaи овоздиҳи дар ду нусха бо қалами худкори ранга тартиб дода шуда, ба он раис, муовини раис, котиб ва ҳамаи аъзои ҳозирбудаи комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот бо зикри сана, вақт, имзо ва муҳр мегузоранд(Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.2014 № 1086, аз 21.02.2018 № 1508).

Протокол ҳамон вақт боэътибор ҳисобида мешавад, ки агар онро аз нисф зиёди аъзои комиссия имзо карда бошанд. Ҳангоми имзои протокол аъзои комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот, ки бо мазмуни протокол рози нестанд, ҳуқуқ доранд фикри махсуси худро ба протокол замима намоянд ва дар ин бора дар протокол ишораи дахлдор гузошта мешавад.

Нусхаи якуми протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳи баъди имзо ва муҳр гардидани он якҷоя бо дигар ҳуҷҷатҳои интихоботи, ба шумули бюллетенҳои интихобот, шикоятҳо (аризаҳо), карорҳои доир ба онҳо қабулшуда ва санадҳое, ки аз тарафи комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот тартиб дода шудаанд, фавран ба комиссияи болоии интихобот фиристода мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Нусхаи дуюми протокол, ҳамчунин муҳри комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот дар дасти котиби комиссия то ба охир расидани фаъолияти комиссия нигоҳ дошта мешаванд.

Нусхаҳои тасдиқшудаи протокол дар бораи натиҷаи овоздиҳи аз ҷониби раис ё котиб ба ҳама аъзои комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот шинос карда шуда, дарҳол нусхаи он ба мӯҳлати се шабонарӯз ба девори бинои овоздиҳи овехта мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).

Моддаи 47. Тартиби муқаррар намудани натиҷаи овоздиҳи аз тарафи комиссияи болоии интихобот

Нусҳаи якуми протоколҳои комиссияҳои участкавии (ҳавзавии) интихобот дар бораи натиҷаи овоздиҳи баъд аз имзои аъзои комиссия бевосита ба комиссияи болои фиристода мешаванд.

Ҳангоми ошкор намудани саҳву ҳато дар протоколҳо ва ба вуҷуд омадани шубҳа дар дурустии тартиб дода шудани онҳо, ки аз комиссияи поении интихобот ворид гардидаанд, комиссияи болоии интихобот ҳуқуқ, дорад дар бораи ҳисобкунии такрории овозҳо аз тарафи комиссияи поении интихобот қарор қабул кунад. Ҳисобкунии такрори бо иштироқи ҳатмии узви (аъзои) комиссиям болоии интихобот ва дар ҳузури мушоҳидон ва шахсони боэътимод сурат мегирад. Аз рӯи ҷамъбасти ҳисобкунии такрории овозҳои интихобкунандагон (вакилони интихобкунанда) комиссияи интихобот протоколро дар бораи натиҷаи овоздиҳи тартиб медиҳад, ки дар он ишораи "Ҳисобкунии такрории овозҳо" сабт мегардад. Протокол фавран ба комиссияи болоии интихобот фиристода мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).

Моддаи 48. Муайян намудани натиҷаи интихобот ба Маҷлиси намояндагон

Дар асоси протоколҳои комиссияҳои участкавии интихобот комиссияҳои ҳавзавии интихобот натиҷаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагонро дар ҳавзаҳои интихоботии якмандати ва натиҷаи овоздиҳиро дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурияви вобаста ба ҳудуди худ муқаррар намуда ва онро фавран ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси пешниҳод менамояд.

Дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот номзаде интихобшуда ҳисоб меёбад, ки агар аз 50 фоиз зиёди овозҳои интихобкунандагони дар интихобот иштироқкардаро гирифта бошад.

Интихобот дар ҳавзаи якмандатии интихобот онгоҳ баргузорнашуда ҳисобида мешавад, ки дар он камтар аз нисфи интихобкунандагони ба рӯйхат дохилшуда иштироқ карда бошанд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси дар асоси протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот натиҷaaи овоздиҳиро дар ҳавзаҳои интихоботии якмандати дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Дар асоси протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот Комиссияи марказии интихобот ва райъпурси бо роҳи ҷамъ намудани маълумоти дар онҳо зикршуда овозҳои интихобкунандагонро доир ба ҳавзаи ягонаи интихоботии умумиҷумҳурияви ҳисоб мекунад.

Интихобот дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурияви онгоҳ баргузорнашуда ҳисобида мешавад, ки дар он камтар аз нисфи интихобкунандагони ба рӯйхат дохилшуда иштироқ карда бошанд.

Ҳизбҳои сиёсие, ки камтар аз 5 фоизи овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳи иштироқкардаро гирифтаанд, аз гирифтани мандати вакили аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурияви маҳрум мегарданд.

Ҳизбҳои сиёсие, ки ба тарафдории онҳо 5 фоиз ва зиёда аз он овоздиҳандагони дар интихобот иштироқкарда овоз додаанд, мувофиқи қоидаи пешбиникардаи Қонуни конститутсионии мазкур миқдори мандати вакили мегиранд.

Тақсимоти мандати вакили дар байни номзадҳо аз рӯи рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёси мувофиқи тартиби ҷойгиркунонии онҳо дар рӯйхат, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси онро тасдиқ, намудааст, сурат мегирад. Аз ҳар рӯихати номзадҳо вакилоне бароварда мешаванд, ки онҳо аз ҳавзаҳои якмандатии интихобот ба Маҷлиси намояндагон интихоб шудаанд. Дар ин ҳолат мандати вакили ба номзадҳо ба тартиби навбаташон дар рӯихат дода мешавад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси протоколро дар бораи тақсимоти мандатҳои вакили дар байни ҳизбҳои сиёси аз рӯи ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурияви мувофиқи қоидаи пешбиникардаи Қонуни конститутсионии мазкур тартиб медиҳад.

Ба протокол инҳо илова карда мешаванд:

- номи ҳизби сиёси, ки ба тақсимоти мандатҳои вакили ҳуқуқ дорад.

- насаб, ном ва номи падари вакилони интихобшуда аз ҳар як рӯихати номзадҳо (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси дар мавриде, ки агар ягон ҳизби сиёси ба меъёри панҷфоиза ноил нагардида бошад, мандатҳои вакилиро доир ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурияви тақсимнашуда ҳисоб мекунад.

Дар ин маврид Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурияви интихобот интихоботи такрори таъин мекунад.

Моддаи 49. Овоздиҳии такрори ба Маҷлиси намояндагон

Агар дар ҳавзаи якмандатии интихобот зиёда аз ду номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон баовозмонда, ягонтои онҳо интихоб нашуда бошад, комиссияи ҳавзавии интихобот қарор қабул мекунад, ки оид ба ду номзаде, ки аз ҳама бештар овоз гирифтаанд, овоздиҳии такрори гузаронида шавад. Комиссияи ҳавзави аз хусуси ин қарораш ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси хабар дода, ҳамчунин интихобкунандагони ҳавзаро огоҳ, менамояд. Овоздиҳии такрори дар ҳавзаи интихобот дар давоми на дертар аз ду ҳафта дар ҳудуди ҳамон участкаҳои интихобот ва аз рӯи ҳамон рӯихати интихобкунандагон ва мувофиқи талаботи Қонуни конститутсионии мазкур гузаронида мешавад.

Ҳамон номзад вакили Маҷлиси намояндагон интихобшуда ҳисоб меёбад, ки дар вақти овоздиҳии такрори аз номзади дигар, дар сурaти дар овоздиҳи иштироқ кардани беш аз нисфи шумораи интихобкунандагони ба рӯйихат дохилгардида миқдори зиёдтари овози интихобкунандагонро гирифтааст.

Агар ҳангоми овоздиҳии такрори яке аз номзадҳо бо ягон сабаб хориҷ шавад, овоздиҳи барои як номзад гузаронида мешавад. Дар айни ҳол ба номзад барои вакил шуданаш зарур аст, ки зиёда аз нисфи овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳи иштироқдоштаро гирад.

Дар вакти овоздиҳди такрори комиссияи участкавии интихобот овоздиҳиро ҳар вақт тамомшуда эълон карда метавонад, ба шарте ки ҳамаи интихобкунандагони ба рӯйихат дохилшуда овоз дода бошанд.

Моддаи 50. Тарзу усули тақсимоти мандатҳои вакили

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси маҷмуи овозҳои интихобкунандагонро, ки ба тарафдории ҳизбҳои сиёси дода шудааст ва он 5 фоиз ва зиёда аз он овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳи дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурияви иштироккардаро ташкил медиҳад, ҳисоб мекунад. Маҷмӯи овозҳои интихобкунандагон ба 22 (шумораи мандатҳои вакилон аз ҳавзаи ягонаи интихоботии умумиҷумҳурияви) тақсим карда мешавад. Натиҷаи ҳосилшуда миқдори овозҳое мебошад, ки барои як мандати вакили лозим аст. Баъд миқдори овозҳое, ки ҳар як ҳизби сиёси дар тақсимоти мандати вакили иштироккарда гирифтааст, ба миқдори овозҳое, ки барои як мандати вакили лозим, тақсим карда мешавад. Натиҷаи ҳосилшуда шумораи мандатҳои вакилие мебошад, ки рӯйхати дахлдори номзадҳо мегирад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Агар баъд аз ин мандатҳои тақсимнашуда боқи монанд, онҳо дуюмбора тақсим карда мешаванд. Мандатҳои тақсимнашуда яктои ба ҳизбҳои сиёсие дода мешавад, ки бақияи овозҳои гирифтаи онҳо зиёд аст.

Дар сурати баробар будани миқдори овозҳо афзалият ба ҳамон рӯйхати номзадҳо дода мешавад, ки ба онҳо шумораи зиёдтари овозҳои интихобкунандагон дода шудааст. Агар шумораи овозҳои интихобкунандагон баробар бошад, афзалият ба ҳамон рӯйхати номзадҳо дода мешавад, ки он пештар ба қайд гирифта шудааст.

Моддаи 51. Муайян намудани натиҷаи интихобот ба Маҷлиси милли

Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли дар ҷаласаи худ, ки дар ҷои овоздиҳи гузаронида мешавад, овозҳоро ҳисоб мекунад. Ҳисобкунии овозҳо зимнан баъди ба анҷом расидани овоздиҳи cap мешавад.

Номзадҳое интихобшуда ҳисоб мегарданд, ки агар шумораи зиёдтари овозҳои вакилони интихобкунандаи дар овоздиҳи иштироккардаро гирифта бошанд. Дар сурати баробар будани овозҳои гирифтаи номзадҳо афзалият ба номзади синну солаш калонтар дода мешавад.

Натиҷаи интихобот дар протоколи ҷамъбасти натиҷаи интихобот дар ҳавзаи интихобот сабт гардида, ба он раис ва ҳамаи аъзои ҳузурдоштаи комиссияи ҳавзавии интихобот имзо мегузоранд ва он фавран ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси супорида мешавад.

Моддаи 52. Тартиби таъйин намудан ва бақайдгирии аъзои Маҷлиси милли

Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 30 рӯзи баъди интихоботи Маҷлиси намояндагон ба Фармони худ таъйин мекунад.

Номзади ба аъзогии Маҷлиси милли интихоб ва таъингардида бояд дар муддати се рӯз дар шакли хатти ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси дар бораи даст кашидан аз вазифае, ки ба мақоми аъзои Маҷлиси милли мувофиқ нест, хабар диҳад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси баъди гирифтани аризаи номзади интихобгардида ва таъингардида дар бораи даст кашидан аз вазифае, ки ба мақоми аъзои Маҷлиси милли мувофиқ нест, ҳамчунин президентҳои собиқро, ки аз ҳуқуқи аъзои Маҷлиси милли будан даст накашидаанд, ба қайд мегирад.

Агар дар рафти интихобот ё ҳангоми ҳисоби овозҳо ва ё муайян намудани натиҷаи интихобот қонун риоя нашуда бошад, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси ҳуқуқ дорад интихоботро беэътибор шуморад ва аъзои Маҷлиси миллиро ба қайд нагирад. Нисбати қарор дар бораи беэътибор донистани интихобот ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ рӯз шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 53. Интихоботи такрори

Агар дар ҳавзаи якмандатии интихобот ба Маҷлиси намояндагон на бештар аз ду кас номзадии худро ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбари карда бошад ва ҳеҷ яке аз онҳо интихоб нагардида бошад ва ё интихоботи ин ҳавза баргузор нашуда ё беэътибор дониста шуда бошад, ё дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ягон ҳизби сиёси ба тақсимоти мандати вакили ҳуқуқ пайдо накарда бошад, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси ба комиссияи ҳавзавии интихобот супориш медиҳад, ки дар ин ҳавза интихоботи такрори гузаронида шавад. Дар ин ҳолат Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси метавонад дар бораи зарурати бо ҳайати нави комиссияҳои ҳавзави ва участкави гузаронидани интихобот қарор қабул намояд. Овоздиҳи дар худи ҳамон участкаҳои интихобот ва мутобиқи рӯйхатҳои интихобкунандагон, ки барои гузаронидани интихоботи асоси таҳия гардидаанд, гузаронида мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Шахсе, ки номзадиаш ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар давраи гузаронидани интихоботи асоси пешбари гардида, ба қайд гирифта шудааст, наметавонад дар вақти интихоботи такрори дар ин ҳавза номзад пешбари шавад.

Интихоботи такрори камаш баъди ду моҳи интихоботи асоси гузаронида мешавад. Комиссияҳои интихобот аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур ташкил гардида, пешбари ва ба қайд гирифтани номзадҳо, ҳизбҳои сиёси ва дигар амалҳои вобаста ба интихобот ба тартибе, ки Қонуни конститутсионии мазкур муқаррар кардааст, сурат мегирад.

Моддаи 54. Бақайдгирии вакилони Маҷлиси намояндагон

Комиссияи ҳавзавии дахлдори интихобот баъди имзои протоколи ҷамъбасти натиҷаи интихобот дар ин бора ба номзади интихобгардида хабар медиҳад.

Ба вакилоне, ки дар натиҷаи тақсимоти мандатҳо аз рӯи рӯйхати номзадҳо интихоб шудаанд, аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси дар ин бора хабар дода мешавад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси баъди ба таври расми дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор намудани натиҷаи интихобот дар муддати 3 рӯз вакилони интихобгардидаро ба Маҷлиси намояндагон ба қайд мегирад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).

Агар дар рафти интихобот ё ҳангоми ҳисоби овозҳо ва ё муайян намудани натиҷаи интихобот қонун риоя нашуда бошад, ки он барои муайян намудани номзади голиб таъсир дошта бошад, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси метавонад интихоботро беэътибор шуморад. Нисбати қарор дар бораи беэътибор донистани интихобот ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ рӯз шикоят кардан мумкин аст (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).

Агар интихобот дар участкаҳои алоҳида беэътибор дониста шуда бошад, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси натиҷаи овоздиҳи дар ин участкаҳо аз натиҷаи умумии интихобот хориҷ карда мешавад, ба шарте, ки бе онҳо интихобот дар маҷмӯъ баргузоршуда ҳисоб карда шавад.

Моддаи 55. Эълон кардани натиҷаи пешакӣ ва ниҳоии интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон

(Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508)

Натиҷаи пешакии интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз тариқи воситаҳои ахбори омма дар муддати 24 соати баъди ба охир расидани интихобот эълон мекунад. Натиҷаи ниҳоии интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тасдиқ гардида, дар муддати на дертар аз ду ҳафтаи баъди ба охир расидани интихобот бо рӯйхати аъзои интихобшудаи Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар матбуот чоп карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Моддаи 56. Шаҳодатномаи аъзои Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон

Хориҷ карда шуд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Баъд аз ваколати аъзои Маҷлиси милли ва вакилони ба Маҷлиси намояндагон интихобшударо тасдиқ намудани Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси аз тарафи Комиссияи мазкур ба онҳо шаҳодатномаи аъзои Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон дода мешавад.

Моддаи 57. Гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон ба ивази аъзо ва вакилони хориҷшуда

(Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508)

Дар сурати пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколати аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии интихобот интихоботи нав дар муддати 3 моҳи баъди қатъ гардидани ваколати онҳо гузаронида мешавад. Интихобот аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси камаш ду моҳ пеш аз гузаронидани интихобот таъин карда шуда, он мувофиқи талаботи Қонуни конститутсионии мазкур гузаронида мешавад. Зимнан комиссияи ҳавзавии интихобот 50 руз пеш, комиссияҳои участкавии интихобот як моҳ пеш аз интихобот ташкил гардида, бақайдгирии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси милли ва вакилии Маҷлиси намояндагон як моҳ қабл аз интихобот ба охир мерасад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Дар сурати пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколати вакиле, ки дар натиҷаи тақсимоти мандатҳои вакили дар байни ҳизбҳои сиёси интихоб шудааст, мандати вай бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси ба номзаде, ки баъд аз интихобшудагон дар рӯйхати дахлдор қарор дорад, дода мешавад.

Агар дар рӯйихат номзад намонда бошад, мандат то интихоботи оянда холи мемонад.

Агар ваколати аъзои Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон камаш як сол пеш аз қатъи ваколати Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон ваколаташ қатъ шуда бошад, интихоботи нави аъзои Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон ба ҷои аъзо ва вакили ваколаташ қатъгардида гузаронида намешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).

Моддаи 58. Ҷавобгари барои риоя накардани Қонуни конститутсионии мазкур

Шахсоне, ки ба шахрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои озодона истифода бурдан аз ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан ва бурдани ташвиқоти пешазинтихоботи бо роҳи зури, фиреб, таҳдид ё роҳи дигар монеъ мешаванд, инчунин аъзои комиссияҳои интихоботи, шахсони мансабдори мақомоти давлати ва ҳизбҳои сиёси, ки нисбати ҳуҷҷатҳои интихоботи ба сохтакори роҳ медиҳанд ва овозҳоро қасдан нодуруст ҳисоб мекунанд, махфияти овоздиҳиро вайрон менамоянд ва ба дигар вайронкунии Қонуни конститутсионии мазкур роҳ медиҳанд, мувофиқи муқаррароти қонун ба ҷавобгари кашида мешаванд. Ҳамчунин шахсоне, ки бо роҳи дар матбуот чоп кардан ё ба воситаи дигар дар бораи номзад қасдан овозаҳои бардуруғ паҳн намуда, ба ин восита шаъну эътибори ӯро доғдор месозанд, ё аъзои комиссияҳои интихоботро таҳкир мекунанд, ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 59. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Аз рӯзи эътибор пайдо кардани Қонуни конститутсионии мазкур конститутсиони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 "Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1994, №23-24, моддаи 444) беэътибор дониста шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон               Э. РАҲМОНОВ

ш.Душанбе 

 10 декабри соли 1999 № 856

 

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОН БА МАҶЛИСҲОИ МАҲАЛЛИИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 15/01/2020 - 11:58
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Рақам: 
858
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
10.12.1999
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОН БА МАҶЛИСҲОИ МАҲАЛЛИИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 12, мод. 298; с. 2007, № 5, мод. 353; с. 2012, № 8, мод. 813; с. 2014, № 7, қ. 1, мод. 383; № 11, мод. 640; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 269)
(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 12.05.2007 № 257, аз 01.08.2012 № 898, аз 26.07.2014 № 1087, аз 27.11.2014 № 1133, аз 30.05.2017 № 1412, аз 19.07.2019 № 1640, аз 03.01.2024 № 2016)
1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Принсипҳои асосии интихобот
Интихобот ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихобот дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақиман бо овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати панҷ сол гузаронида мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087, аз 03.01.2024 № 2016).
Моддаи 1(1). Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087, аз 30.05.2017 № 1412).
Моддаи 2. Ҳуқуқи умумии интихобот
Интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия умумӣ аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзи интихобот синнашон ба 18 расидааст, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шуданро доранд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087).
Шахсоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан надоранд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087).
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт вакили беш аз ду мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ буда наметавонад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087).
Моддаи 3. Ҳуқуқи баробари интихобот
Интихобкунандагон дар асоси ҳуқуқи баробар дар интихобот иштирок мекунанд ва ҳар кадоми онҳо як овоз доранд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087).
Моддаи 4. Ҳуқуқи бевоситаи интихобот
Вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз тарафи шаҳрвандон мустақиманан интихоб карда мешаванд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Моддаи 5. Овоздиҳии пинҳони
Овоздиҳи дар интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ озодона ва пинҳонӣ мебошад. Назорат ба изҳори иродаи интихобкунандагон манъ аст.
Моддаи 6. Ошкорбаёни ҳангоми тайёрӣ ва гузаронидани интихобот
(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087)
Тайёрӣ ва гузаронидани интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз тарафи комиссияҳои интихобот шаффоф ва ошкоро сурат мегирад ва дар воситаҳои ахбори омма инъикос мегардад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087, аз 03.01.2024 № 2016).
Комиссияҳои интихобот ба шаҳрвандон аз кори худ, аз таъсиси ҳавзаҳо ва участкаҳои интихобот, ҳайат, ҷою соати корашон ва аз рӯйхати интихобкунандагон хабар медиҳанд.
Комиссияҳои интихобот натиҷаи бақайдгирии номзадҳоро ба вакилӣ, шарҳи ҳоли номзадҳои бақайдгирифта, натиҷаи овозҳои гирифтаи ҳар номзад ва ҷамъбасти интихоботро ба маълумоти шаҳрвандон мерасонанд. Дар маҷлисҳои комиссияҳои интихобот, дар бинои овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот ва ҳангоми ҳисобкунии овозҳо як нафари намоянда (мушоҳид) аз ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро ба вакилӣ пешниҳод кардаанд, шахсони боэътимоди номзадҳои мустақил, намояндаҳои матбуот, телевизион ва радио ҳузур дошта метавонанд. Ваколатҳои онҳо бояд бо ҳуҷҷатҳои дахлдор тасдиқ карда шуда бошанд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087, аз 03.01.2024 № 2016).
Ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро ба вакилӣ пешбарӣ кардаанд, дар бораи намояндагони худ камаш панҷ рӯз пеш аз интихобот ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот хабар медиҳанд.
Ба рафти овоздиҳӣ ва ба фаъолияти комиссияҳои интихобот дахолат кардани намояндагон ва мушоҳидон мумкин нест. Онҳо метавонанд бо иҷозати раиси комиссияи дахлдори интихобот савол диҳанд ва шарҳи онро талаб намоянд, диққати аъзоёни комиссия ва хозиронро ба роҳ ёфтани вайронкунии Қонуни конститутсионии мазкур ҷалб созанд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087, аз 03.01.2024 № 2016).
Воситаҳои ахбори омма рафти тайёрии интихобот ва гузаронидани он, инчунин қарорҳои комиссияҳои интихоботиро инъикос мекунанд.
II. ҲАВЗАҲО ВА УЧАСТКАҲОИ ИНТИХОБОТ
Моддаи 7. Ташкил кардани ҳавзаҳои интихобот
Барои интихоботи вакилон миқдори зерини ҳавзаҳои ҳудудии интихобот ташкил карда мешаванд:
ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе - на бештар аз 70 ҳавзаи интихобот;
ба Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр, ноҳия - на бештар аз 40 ҳавзаи интихобот.
Аз ҳар ҳавзаи интихобот як вакил ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқ интихоб карда мешавад.
Миқдори ҳавзаҳои интихоботро барои интихоботи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба ҳадди меъёри муқарраркардаи Қонуни конститутсионии мазкур Маҷлиси дахлдор бо назардошти шумораи интихобкунандагон, ҳудуд ва шароити дигари маҳаллӣ муқаррар менамояд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Ҳавзаҳои интихоботро комиссияи дахлдори интихоботи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия одатан бо шумораи баробари интихобкунандагон ташкил медиҳад. Ҳудуди ҳавзаҳои интихобот бо назардошти сохтори ҳудудии вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо бо ризоияти раисони дахлдор муайян карда мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087).
Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботро, ки дар он ҳудуд ва шумораи интихобкунандагон зикр ёфтааст, комиссияи дахлдори интихобот на дертар аз 15 рӯзи баъди таъин гардидани интихобот чоп мекунад.
Моддаи 8. Тартиб ва меъёри ташкил кардани участкаҳои интихобот
Участкаҳои интихобот бо назардошти ҳудуди шаҳру ноҳияҳо, ноҳияҳои шаҳр бо мақсади муҳайё сохтани шароити муносиб барои интихобкунандагон ташкил карда мешаванд.
Участкаҳои интихобот дар санаторияву хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва табобатгоҳҳои дигари доимӣ, дар ноҳияҳои дурдасту душворгузари маҳаллӣ, маҳалли сукунати шаҳрвандон ташкил шуда метавонанд. Ин участкаҳои интихобот ба ҳавзаҳои интихоботи махалли ҷойгиршавии онҳо дохил мешаванд.
Участкаҳои интихобот аз тарафи комиссияҳои интихоботи шаҳр, ноҳия бо пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳо ташкил карда мешаванд.
Участкаҳои интихобот на дертар аз рӯзи бисту панҷуми баъди таъин гардидани интихобот ташкил карда мешаванд. Дар ноҳияҳои дурдаст ва душворгузар участкаҳои интихобот дар ҳамон мӯҳлат, дар мавридҳои истисно бошад, панҷ рӯз пеш аз интихобот ташкил карда мешаванд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Участкаҳои интихобот одатан бо шумораи на камтар аз 20 нафар ва на бештар аз 3000 нафар интихобкунанда ташкил карда мешавад.
Бинои овоздиҳии ҳар участкаи интихоботро раиси шаҳру ноҳия муайян мекунад.
Комиссияи интихоботи шаҳру ноҳия участкаи интихоботро рақамгузорӣ мекунад ва дар бораи ҳудуди ҳар участкаи интихобот бо зикри маҳалли комиссияи участкавии интихобот ва бинои овоздиҳӣ ба интихобкунандагон хабар медиҳад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
III. КОМИССИЯҲОИ ИНТИХОБОТӢ
(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016)
Моддаи 9. Низоми комиссияҳои интихобот
(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016)
Барои ташкил ва гузаронидани интихоботи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, комиссияҳои зерини интихобот таъсис дода мешаванд:
комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087);
комиссияи шаҳрии интихобот оиди интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе;
комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087);
комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087);
комиссияҳои ҳавзавии интихобот;
комиссияҳои участкавии интихобот.
Роҳбарии умумӣ, назорати ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087).
Моддаи 10. Ташкили комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии интихобот
Комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ бо пешниҳоди раиси вилоят, шаҳр ва ноҳияи дахлдор на дертар аз рӯзи даҳуми баъди таъин гардидани интихобот дар ҳайати 7-13 аъзои комиссия ташкил менамоянд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 27.11.2014 № 1133 аз 19.07.2019 № 1640).
Раис, муовини раис ва котиби комиссия аз ҷумлаи аъзоёни он дар аввалин маҷлиси он интихоб карда мешаванд. Комиссияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии интихобот дар бораи ҳайат, нишони ва рақамҳои телефони худ дар нашрияҳои маҳаллӣ маълумот чоп мекунад.
Моддаи 11. Ваколатҳои комиссияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии интихобот
(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087)
Комиссияи интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087):
- ба иҷрои Қонуни конститутсионии мазкур дар ҳудуди дахлдор назорат менамояд, татбиқи якхелаи онро таъмин мекунад ва оид ба масъалаҳои ташкили интихобот тавзеҳот медиҳад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1412, аз 03.01.2024 № 2016);
- оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия мувофиқан ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил медиҳад, онҳоро номгузорӣ ва рақамгузорӣ мекунад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087);
- комиссияҳои ҳавзавии интихоботро ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ташкил медиҳад ва дар бораи маҳалли ҷойгиршавии онҳо маълумот чоп мекунад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087);
- кори комиссияҳои дахлдори интихоботро танзим мекунад, тартиби ба ҳайати онҳо дохил намудани тағйиротро муайян менамояд, метавонад мустақилона ё бо пешниҳоди прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия қарорҳои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботро дар сурате, ки хилофи Қонуни конститутсионии мазкур бошанд, бекор кунад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087);
- ба номзадҳо барои иштирок дар маъракаи интихобот шароити баробарро таъмин менамояд;
- маблағро ба комиссияҳои интихобот тақсим менамояд, бо биною нақлиёт ва воситаҳои алоқа таъмин кардани комиссияҳои интихоботро назорат мекунад ва дигар масъалаҳои таъминоти моддию техникии интихоботро баррасӣ менамояд;
- аз рӯи шакли муқаррарнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тайёр намудани бюллетенҳои интихоботро ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, руйхати интихобкунандагон, протоколҳои комиссияҳои интихобот, варақаҳои интихоботӣ, мӯҳри худ, дигар ҳуҷҷатҳои интихоботро таъмин мекунад;
- аз комиссияҳои ҳавзавии интихобот протоколҳои қайди номзадҳоро ба вакилӣ гирифта, хамчунин протоколҳои натиҷаи интихоботи вакилони Маҷлиси дахлдорро дар бораи ҳайати номзадҳои вакилони аз қайд гузаштаи Маҷлиси дахлдор ахбор чоп мекунад;
- ахбори намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро оид ба масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мешунавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087);
- вакилони интихобшударо ба қайд мегирад, натиҷаи интихоботи Маҷлиси дахлдори вакилони халқро ҷамъбаст мекунад, дар матбуот оиди ҷамъбасти интихобот хабар ва рӯйхати вакилони интихобгардидаро чоп мекунад;
- масъалаҳои гузаронидани овоздиҳӣ ва интихоботи такрориро ҳаллу фасл менамояд;
- интихоботи вакилон ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқро ба ҷои вакилони хориҷгардида таъин мекунад ва мегузаронад;
- арзу шикоятҳоро дар хусуси қарору амал (беамалӣ)-и комиссияҳои дахлдори интихобот дида мебарояд ва аз рӯи онҳо қарор қабул мекунад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016);
- ба бойгонӣ супоридани ҳуҷҷатҳои вобаста ба ташкилу гузаронидани ва ташкили интихоботро таъмин мекунад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087);
- ваколатҳои дигареро, ки Қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087).
Моддаи 12. Ташкили комиссияи ҳавзавии интихобот
(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 27.11.2014 № 1133)
Комиссияи ҳавзавии интихобот аз тарафи комиссияҳои дахлдори вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии интихобот бо пешниҳоди раиси вилоят, шаҳр ва ноҳияи дахлдор на дертар аз 55 рӯз пеш аз интихобот дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва на камтар аз 8 аъзо ташкил карда мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 27.11.2014 № 1133, аз 19.07.2019 № 1640).
Моддаи 13. Ваколатҳои комиссияи ҳавзавии интихобот
Комиссияи ҳавзавии интихобот:
- иҷрои талаботи Қонуни конститутсионии мазкурро дар ҳудуди ҳавзаи интихобот назорат мекунад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087);
- ба интихобкунандагон дар бораи маҳалли участкаҳои интихобот хабар медиҳад;
- ба номзадҳо ба вакилӣ барои иштирок дар маъракаи интихоботӣ шароити баробарро таъмин мекунад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016);
- номзадҳои ба вакилӣ пешбаригардида, шахсони боэътимоди онҳоро ба қайд мегирад ва ба онҳо шаҳодатномаи дахлдор медиҳад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087);
- барои ташкили вохуриҳои номзадҳо ба вакилӣ ва интихобкунандагон мусоидат мекунад;
- ахбори комиссияҳои участкавӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, роҳбарони ташкилотҳо ҳамчунин мақомоти иттиҳодияҳои ҷамъиятиро вобаста ба масъалаҳои тайёрии интихобот ва гузаронидани он мешунавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087);
- аз тарафи комиссияҳои участкавии интихобот тартиб додан ва барои шиносоии умум пешниҳод кардани рӯйхати интихобкунандагонро назорат менамояд;
- матни бюллетени интихоботро аз рӯи ҳавзаи интихобот тасдиқ мекунад ва комиссияҳои участкавии интихоботро бо бюллетенҳои интихобот таъмин менамояд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016);
- натиҷаи интихоботи ҳавзаро муқаррар ва ба комиссияи дахлдори вилоятӣ, шаҳрӣ ноҳиявии интихобот месупорад;
- натиҷаи интихоботро оид ба ҳавзаи интихобот муқаррар ва чоп карда, ба вакили интихобшуда шаҳодатнома медиҳад;
- овоздиҳии такрорӣ ва интихоботи такрорӣ, ҳамчунин интихоботи вакилонро ба ивази вакилони хориҷшуда ташкил менамояд;
- арзу шикоятҳоро аз хусуси қарорҳо ва фаъолияти комиссияҳои участкавии интихобот баррасӣ намуда, доир ба онҳо қарорҳо қабул мекунад;
- ваколатҳои дигарро тибқи Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087).
Моддаи 14. Ташкил кардани комиссияи участкавии интихобот
Комиссияи участкавии интихоботро комиссияи шаҳрӣ, ноҳиявии интихобот 45 рӯз пеш аз интихобот дар ҳайати 5-19 аъзо, аз ҷумла раис, муовини раис, котиб ташкил мекунад. Агар комиссия дар ҳайати 7 нафар ташкил шавад, раис ва котиб интихоб карда мешавад.
Дар сурати зарурат ҳайати аъзои комиссияи интихобот метавонад зиёд ва кам шавад.
Моддаи 15. Ваколатҳои комиссияи участкавии интихобот
(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016)
Комиссияи участкавии интихобот:
- рӯйхати интихобкунандагони участкаро тартиб медиҳад;
- интихобкунандагонро бо рӯйхати интихобкунандагон шинос мекунад, аризаҳоро дар бораи саҳву ғалатҳои рӯйхат қабул ва баррасӣ менамояд ва масъалаи ба он дохил намудани тағйироти дахлдорро ҳал мекунад;
- аз интихобкунандагоне, ки дар рӯзи интихобот барои дар ҷои истиқомат будан ва дар овоздиҳӣ иштирок кардан имконият надоранд, лифофаҳои сарбастаи дорои варақаҳои интихоботро қабул мекунад;
- аҳолиро дар бораи маҳалли воқеъгаштаи комиссияи участкавии интихобот, вақти кори он, инчунин рӯзи интихобот ва ҷои овоздиҳӣ хабардор мекунад;
- бинои овоздиҳӣ ва қуттиҳои интихобот ва дигар таҷҳизоти интихоботро тайёр мекунад;
- овоздиҳиро дар рӯзи интихобот дар участкаи интихобот ташкил менамояд;
- овозҳои дар участкаи интихобот додашударо ҳисоб мекунад;
- арзу шикоятҳоро доир ба масъалаҳои тайёрӣ ба интихобот ва ташкили овоздиҳӣ баррасӣ карда, оид ба онҳо қарорҳо қабул мекунад;
- ваколатҳои дигарро тибқи Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087).
Моддаи 16. Узвият дар комиссияҳои интихобот
Узви комиссияи интихобот ҳангоми иҷрои ваколатҳояш бояд бетараф ва холис бошад, набояд дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ иштирок кунад, супоришҳои онро иҷро намояд ва дар тарғибу ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда ширкат варзад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087, аз 19.07.2019 № 1640).
Узви комиссияро аз рӯи аризаи шахсияш, ҳамчунин дар ҳолати маҳрум шудан аз ваколатҳояш аз иҷрои вазифа озод кардан мумкин аст.
Дар ҳолати талаботи Қонуни конститутсионии мазкурро риоя накардан ва мудом ба вазифаҳои худ беэътинои намудани узви комиссия ҳуқуқи аз ваколатҳояш маҳрум кардани ӯ ба мақоме тааллуқ дорад, ки ин комиссияро таъсис додааст (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Дар сурати зарурат узви нави комиссияи интихобот мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур таъйин карда мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Номзад ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, узви комиссияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии интихобот, инчунин комиссияи ҳавзавӣ ё участкавии интихобот, ки овоздиҳиро дар ҳамон ҳавза ё участкаи интихоботӣ ташкил мекунад, буда наметавонад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087, аз 27.11.2014 № 1133).
Як шахс метавонад узви танҳо як комиссияи интихобот бошад.
Моддаи 17. Ташкили кори комиссияҳои интихобот
Раис, муовини раис ва котиби комиссияи интихобот дар маҷлиси якуми комиссияи дахлдор интихоб карда мешаванд.
Маҷлиси комиссияи интихобот дар сурате салоҳиятдор мебошад, ки дар маҷлис на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати комиссия иштирок намояд. Қарори комиссия ба тариқи овоздиҳии ошкоро бо овози аксарияти ҳайати умумии аъзои хузурдоштаи комиссия қабул карда мешавад. Аъзои комиссия, ки бо қарори он розӣ нестанд, ҳуқуқ доранд ақидаи махсуси худро баён намоянд, ки он дар шакли хаттӣ ба протокол замима карда мешавад. Дар сурати баробарии овозҳо овози раис ҳалкунанда мебошад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087, аз 30.05.2017 № 1412).
Комиссияҳои интихоботӣ дар фаъолияти худ ба ҳеҷ мақомоти давлатӣ вобаста нестанд. Иҷрои қарори комиссияи интихобот, ки дар доираи ваколати он қабул шудааст, барои комиссияҳои поёнии интихобот, ҳамчунин мақомоти дахлдори маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳо ҳатмӣ мебошад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087).
Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба комиссияи интихобот барои амалӣ гардонидани ваколатҳояшон кӯмак расонанд, маълумотҳои барои корашон зарурро муҳайё намоянд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ барои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот биноҳо, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва маводи заруриро ройгон ба ихтиёри комиссияҳои интихобот вогузор менамоянд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087).
Биноҳо ва таҷхизоти корхонаҳо ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои кори комиссияҳои интихобот дар асоси иҷора аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ истифода бурда мешаванд.
Комиссияи интихобот ҳуқуқ дорад оид ба масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва мақомоти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ба ташкилотҳо шахсони мансабдор муроҷиат намояд ва онҳо вазифадор ҳастанд, ки масъалаи ба миён гузоштаро баррасӣ намуда, дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз ба комиссияи интихобот ҷавоб диҳанд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087, аз 30.05.2017 № 1412).
Раис, муовини раис, котиб ё дигар аъзои комиссияи интихобот бо қарори он дар давраи тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мумкин аст аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматӣ озод карда шаванд, ки дар ин ҳол маоши миёнаи онҳо аз ҳисоби маблағи барои гузаронидани интихобот ҷудокарда дода мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087).
Комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот баъд аз он, ки Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ваколатҳои вакилонро оид ба ҳавзаҳои дахлдори интихоботӣ тасдиқ кард, фаъолияти худро катъ менамоянд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087).
Комиссияи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, комиссияҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ фаъолияти худро баъд аз интихоб шудани вакилон аз ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ ба Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ қатъ менамояд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087).
Моддаи 18. Баррасии шикоят аз қарори комиссияҳои интихобот
Мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро ба вакилӣ пешбарӣ намудаанд, номзадҳо ба вакилӣ, шахсони боэътимод, мушоҳидон ва интихобкунандагон аз қарори комиссияи интихобот дар давоми даҳ рӯзи баъд аз қабули қарор ба комиссияи болоии интихобот ё суд шикоят карда метавонанд. Шикоят бояд дар давоми се рӯзи баъд аз расиданаш ва агар то рӯзи интихобот камтар аз шаш рӯз монда бошад, фавран баррасӣ карда шавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
IV. РӮЙХАТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН
Моддаи 19. Рӯйхати интихобкунандагон ва тарзи тартиб додани он
Рӯйхати интихобкунандагон доир ба ҳар кадом участкаи интихобот тартиб дода мешавад ва ба он раис ва котиби комиссияи участкавии интихобот имзо мекунанд. Барои иштирок дар кори тартиб додани рӯйхат комиссияи участкавии интихобот метавонад намояндагони аҳли ҷамъиятро ҷалб намояд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ интихобкунандагонро ба ҳисоб мегиранд ва ба комиссияҳои участкавии интихобот дар бораи интихобкунандагони сокини ҳудуди дахлдор маълумотро барои тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон медиҳанд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087, аз 30.05.2017 № 1412).
Рӯйхати интихобкунандагон - хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ мебошанд, инчунин аъзои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар интихобкунандагон, агар онҳо дар маҳалли ҷойгиршавии қисмҳои ҳарбӣ зиндагӣ кунанд, дар асоси маълумоти пешниходкардаи командирони қисмҳои ҳарбӣ тартиб дода мешавад. Хизматчиёни ҳарбие, ки берун аз қисмҳои ҳарбӣ зиндагӣ мекунанд, дар асосҳои умумӣ дар ҷои истиқомат ба рӯйхати интихобкунандагон дохил карда мешаванд.
Рӯйхати интихобкунандагон дар он участкаҳои интихобот, ки дар хонаҳои истироҳат, санаторияҳо, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои табобатии доимӣ ташкил шудаанд, дар асоси маълумоти пешниҳодкардаи роҳбарони ҳамин муассисаҳо тартиб дода мешавад. Насаби интихобкунандагон дар рӯйхати интихобкунандагон бо тартибе, ки барои ташкили овоздиҳӣ осон аст, сабт мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Ба рӯйхат насаб, ном, номи падар, санаи таваллуд ва нишонии ҳар интихобкунанда дохил карда мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Моддаи 20. Тартиби ба рӯйхати интихобкунандагон дохил кардани шаҳрвандон
Ба рӯйхати интихобкунандагон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот ё дар рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, дар вақти тартиб додани рӯйхат дар ҳудуди ҳамон участкаи интихобот доимӣ ё муваққатан зиндагӣ мекунанд ва барои иштирок намудан дар овоздиҳӣ ҳуқуқ доранд, дохил карда мешаванд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1412).
Ҳар интихобкунанда танҳо ба як рӯйхати интихобкунандагон дохил шуда метавонад.
Интихобкунандае, ки дар қаламрави участкаи мазкури интихобот зиндагӣ мекунад ва бо сабабе ба рӯйхат дохил нашудааст, бо қарори комиссияи участкавии интихобот ба руйхати иловагӣ дохил карда мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087, аз 30.05.2017 № 1412).
Моддаи 21. Шиносонидани шаҳрвандон бо рӯйхати интихобкунандагон ва ҳуқуқи шикоят кардан аз саҳву хатои рӯйхати интихобкунандагон
(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016)
Рӯйхати интихобкунандагон барои шиносшавии умум 15 рӯз пеш аз интихобот ва дар участкаҳои интихоботие, ки дар санаторияҳо ва хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои табобатии доимӣ ташкил шудаанд, дар маҳалҳои дурдаст ва душворгузар ду рӯз пеш аз интихобот пешниҳод карда мешаванд. Комиссияи участкавии интихобот интихобкунандагонро аз маҳал ва вақти шиносоӣ бо рӯйхат огоҳ мекунад.
Ба шаҳрвандон имконият дода мешавад, ки дар бинои комиссияи участкавии интихобот бо рӯйхати интихобкунандагон шинос шуда, дурустии тартиб дода шудани онро тафтиш намоянд.
Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар хусуси ба рӯйхат дохил нашудан, нодуруст дохил кардан ё аз рӯйхат баровардан, инчунин саҳву хатоҳои дар рӯйхат ҷойдошта шикоят намоянд. Ариза дар бораи ҷой доштани саҳву хатоҳои дар рӯйхати интихобкунандагон ҷойдошта аз ҷониби комиссияи участкавии интихобот баррасӣ карда мешавад. Комиссияи участкавии интихобот вазифадор аст аризаро дар мӯҳлати на дертар аз ду рӯзи то интихобот ва дар рӯзи интихобот фавран дида баромада, ба рӯйхат ислоҳоти зарурӣ ворид намояд ё ба аризадиҳанда нусхаи қарори асоснокро дар бораи рад гардидани аризааш супорад. Аз хусуси қарори қабулнамудаи Комиссияи участкавии интихобот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят кардан мумкин аст. Қарори суд қатъист. Комиссияи участкавии интихобот тибқи қарори суд ба рӯйхати интихобкунандагон ислоҳ ворид менамояд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087).
Моддаи 22. Таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон ҳангоми иваз кардани маҳалли истиқомат
Дар давраи баъди барои шиносоии умум пешниҳод намудани рӯйхати интихобкунандагон ва то рӯзи интихобот интихобкунандае, ки рӯзи интихобот имконияти дар ҷои истиқомат будан надорад (ҳангоми дар сафари хизматӣ будан, ба муассисаҳои табобатӣ рафтан ва дигар сабабҳо) ҳуқуқ дорад бо пешниҳоди шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияташ аз комиссияи участкавии интихоботи маҳалли истиқоматаш варақаи интихобот талаб кунад, қарори қабулнамудаашро дар лифофаи сарбаста ба комиссияи участкавии интихобот супорад. Комиссияи участкавии интихобот дар ин хусус ба рӯйхати интихобкунандагон қайди дахлдор карда, таърихашро нишон медиҳад. Ба лифофаи накушода дар ҳузури интихобкунанда мӯҳр гузошта мешавад. Комиссияи участкавии интихобот барои нигоҳдории лифофа масъул аст (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
V. ПЕШБАРӢ ВА БАҚАЙДГИРИИ НОМЗАДҲО БА ВАКИЛӢ
(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016)
Моддаи 23. Таъйин кардани интихоботи вакилон
Интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия одатан дар як вақт аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон камаш 75 рӯз пеш аз ба охир расидани мӯҳлати ваколати вакилон таъйин карда мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087, аз 03.01.2024 № 2016).
Дар бораи рӯзи интихобот на дертар аз се рӯзи баъди таъйин кардани он дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма хабар дода мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087).
Моддаи 24. Ҳуқуқи пешбарӣ кардани номзадҳо ба вакилӣ
Барои пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ҳизбҳои сиёсии аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирифташуда ва ҳамчунин шаҳрвандон аз тариқи худпешбарӣ ҳуқуқ доранд. Ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ доранд шахсонеро, ки узви ҳизби сиёсӣ нестанд, ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ номзад пешниҳод намоянд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Интихобот ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе ба тартибе гузаронида мешавад, ки барои Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятӣ пешбинӣ шудааст.
хориҷ карда шуд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
хориҷ карда шуд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Моддаи 25. Тартиби пешбарии номзадҳо ба вакилӣ
Пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилӣ 50 рӯз пеш аз интихобот оғоз ёфта, 35 рӯз то интихобот ба охир мерасад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо аз тарафи мақомоти шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ (конференсияҳо, пленумҳо) сурат мегирад.
Пешбарии номзадҳо ба Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрию ноҳиявӣ аз тарафи мақомоти дахлдори шаҳрию ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ (конференсияҳо, пленумҳо) сурат мегирад.
Аз мақомоти ҳизбҳои сиёсии шаҳрию ноҳиявӣ як нафари номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба ҳар як ҳавзае, ки дар ҳудуди дахлдори шаҳр, ноҳия воқеъанд, пешбарӣ карда мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1412, аз 03.01.2024 № 2016).
Тартиби хостагирии номзадҳоро худи ҳизбҳои сиёсӣ муайян мекунанд.
Дар бораи пешбарии номзад ба вакилӣ аз ҳизбҳои сиёсӣ протокол тартиб дода мешавад.
Дар бораи қарори қабулшуда ба номзад ба вакилӣ дар мӯҳлати ду рӯз хабар дода мешавад.
Дар ҳолати худпешбарӣ номзад ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе имзои 200 нафар ва номзад ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи шаҳр ва ноҳия имзои 100 нафар интихобкунандаро аз ҳавзаи дахлдори интихоботӣ якҷо бо ариза пешниҳод менамояд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Моддаи 26. Талабот аз номзадҳо ба вакилӣ
Ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо номзадии шахсе пешниҳод карда мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, забони давлатиро донад, дар ҳудуди вилоят, шаҳр ва ноҳияи дахлдор кор ва ё зиндагӣ кунад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1412).
Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо, прокурорҳо, роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва муовинони онҳо, роҳбарони сохторҳои худудии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва муовинони онҳо, инчунин роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар як вақт вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи дахлдор буда наметавонанд ва ба шарте ҳамчун номзад ба қайд гирифта мешаванд, ки дар аризаи худ ҳангоми вакил интихоб шудан аз вазифа рафтанашонро изҳор карда бошанд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 27.11.2014 № 1133).
Ҳодимони касбии ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои динӣ баъди истеъфо аз вазифаашон ба қайд гирифта мешаванд.
Шаҳрвандони зерин ҳуқуқи ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ номзад ба вакилӣ шуданро надоранд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016):
- Шаҳрвандоне, ки ба талаботи муқарраркардаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии мазкур ҷавобгӯ нестанд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087, аз 30.05.2017 № 1412, аз 03.01.2024 № 2016);
- Шаҳрвандоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд ва ё бо қарори суд дар муассисаҳои табобатӣ маҷбурӣ мебошанд;
- хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қушуну сохторҳои ҳарбӣ, вазорату идораҳо, ки дар онҳо Қонун хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудааст, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти гумрук ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 12.05.2007 № 257);
- шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои барқасдонаи вазнин ва махсусан вазнин маҳкум шудаанд, новобаста аз гузаштани мӯҳлат ва бардошта шудани доғи судиашон (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087);
- шаҳрвандоне, ки доғи судиашон бардошта нашудааст;
- шахсоне, ки шаҳрвандиашон қатъ гардидааст ё шаҳрвандии давлати дигарро соҳиб шудаанд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1412);
- шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои ба муқобили асосҳои сохти конститусионӣ ва амнияти давлат ва дигар ҷиноятҳои барқасдонаи вазнин ва ё махсусан вазнин аз тарафи мақомоти таҳқиқу тафтишот гумонбаршудаанд ё нисбати онҳо кофтуков эълон карда шудааст, ба истиснои иштироккунандагони муковимати сиёсию низомӣ, ки нисбати онҳо авф татбиқ карда шудааст (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087).
Моддаи 27. Бақайдгирии номзадҳо ба вакилӣ
Комиссияи ҳавзавии интихобот номзадҳоро ба вакилӣ, ки аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ ё ба таври худпешбарӣ пешниҳод шудаанд, ба қайд мегирад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087, аз 03.01.2024 № 2016).
Бақайдгирии номзадҳо ба вакилӣ 35 рӯз пеш оғоз ёфта, 20 рӯз пеш аз интихобот ба охир мерасад.
Қарор дар бораи бақайдгирии номзадҳо ба вакилӣ дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зерин қабул карда мешавад:
қарори мақоми шаҳрӣ, ноҳиявии ҳизби сиёсӣ дар бораи пешбарӣ кардани номзадҳо ба вакилӣ;
ариза дар бораи аз вазифа рафтан дар сурати вакил интихоб шуданашон барои шахсоне, ки дар қисми дуюми моддаи 26-и Қонуни конститутсионии мазкур зикр ёфтаанд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Комиссияи ҳавзавии интихобот дар бораи ба қайд гирифтани номзадҳо ба вакилӣ протокол тартиб дода, онро ҳамроҳи аризаи номзад ба вакилӣ, ки розӣ шудааст номзадиаш дар ҳамон ҳавзаи интихобот ба овоз монда шавад, ба комиссияи дахлдори вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии интихобот пешниҳод мекунад.
Ҳамаи номзадҳо ба вакилӣ, ки бо риояи талаботи Қонуни конститутсионии мазкур пешбарӣ шудаанд, ҳатман бояд ба қайд гирифта шаванд. Аз хусуси рад карда шудани бақайдгирии номзад ба вакили ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзад ба вакилӣ пешбарӣ намудаанд ва номзади мустақил дар мӯҳлати се рӯз ба комиссияи интихоботии болоӣ шикоят карда метавонанд. Дар сурати рад шудани бақайдгирии номзад, комиссияи дахлдори интихобот вазифадор аст, ки дар давоми як шабонарӯз ба номзад ва ҳизби сиёсӣ нусхаи қарори комиссияи интихоботро бо баёни асосҳои радкунӣ пешниҳод намояд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087, аз 03.01.2024 № 2016).
Номзад ба вакилӣ узви комиссияи дахлдори интихоботии вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, инчунин комиссияҳои ҳавзавӣ ё участкавии интихобот, ки овоздиҳиро дар ҳамон ҳавзаи интихобот ташкил мекунанд, буда наметавонад. Шахсе, ки номзад ба вакилӣ пешбарӣ шудааст ва узви яке аз ин комиссияҳо мебошад, аз вақти ба қайд гирифта шудани номзадиаш ба вакилӣ аз узвияти комиссия озод карда мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Комиссияи ҳавзавии интихобот на дертар аз рӯзи чоруми баъди ба қайд гирифтани номзадҳо ба вакилӣ дар бораи бақайдгирӣ бо нишон додани насаб, ном, номи падар, соли таваллуд, вазифа (шуғл), ҳизбият, ҷои кор ва истикомати ҳар кадом номзад ба вакилӣ ахбор нашр менамояд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Номзадҳои ба вакилии дар яке аз ҳавзаҳои интихоботи Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ ба қайд гирифташуда дар дигар ҳавзаи интихобот, аз ҷумла дар сурати пас гирифтани номзадиашон дар ҳавзаи интихоботие, ки аввал ба қайд гирифта шуда буданд, барои бақайдгирӣ ба ҳавзаи дигари интихобот пешниҳод шуда наметавонанд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Ба ҳар кадоми номзади ба қайд гирифташуда, комиссияи ҳавзавии интихобот дар давоми се рӯзи баъди ба қайд гирифтан шаҳодатнома месупоранд.
Моддаи 28. Бекор кардани қарори пешбарии номзад ба вакилӣ. Номзадии худро пас гирифтани номзад
Мақоми ҳизби сиёсӣ, ки номзад ба вакилӣ пешбарӣ кардааст, ҳуқуқ дорад ҳар вақт то интихобот қарори худро дар бораи пешбарии номзад ба вакилӣ бекор кунад. Қарор дар хусуси ин масъала бо тартибе, ки барои пешбарии номзад ба вакилӣ пешбинӣ шудааст, қабул карда, ба комиссияи дахлдори ҳавзавии интихобот пешниҳод карда мешавад.
Номзад ба вакилӣ ҳар вақт то интихобот номзадии худро пас гирифта, бо ариза дар ин бора ба комиссияи дахлдори ҳавзавии интихобот муроҷиат карда метавонад.
Комиссияи интихоботие, ки номзадро ба вакилӣ ба қайд гирифтааст, дар бораи бекор кардани қарори пешбарии номзад ба вакилӣ ё дар бораи аз номзади даст кашидани номзад ба маълумоти аҳолии ҳавзаи интихобот, мақоми ҳизби сиёсӣ, ки номзад ба вакилиро пешбарӣ намудааст ва номзади мустақил мерасонад.
Моддаи 29. Тартиби пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ба ҷои номзадҳои хориҷшуда
(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016)
Дар сурати хориҷ шудани номзадҳо ба вакилӣ баъди итмоми мӯҳлати қайди номзадҳо ба вакилӣ, агар дар ҳавзаи интихоботи дигар номзадҳо набошанд, комиссияи ҳавзавии интихобот бо иҷозати комиссияи дахлдори интихоботии вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ба мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ ва интихобкунандагони ҳавзаи интихоботӣ муроҷиат намуда, таклиф мекунад, ки номзадҳои нав ба вакилӣ пешбарӣ карда шаванд.
Дар сурати понздаҳ рӯз пеш аз cap шудани интихобот хориҷ шудани номзадҳо ба вакилӣ интихоботи вакил аз ҳавзаи дахлдори интихобот дар давоми ду моҳи баъди интихоботи асосӣ гузаронида мешавад.
Моддаи 30. Бюллетени интихобот
Ба бюллетени интихобот бо тартиби алифбо ному насаби номзад ба вакилӣ, соли таваллуд, ҳизбият вазифа (шуғл), ҷои кор ва истиқомат, мақоме, ки ӯро номзад ба вакилӣ пешбарӣ намудааст, нишон дода мешавад. Ба бюллетени интихобот баъд аз рӯйхати номзадҳо сатри алоҳида бо ифодаи "муқобили ҳамаи номзадҳо" нишон дода мешавад. Бюллетенҳои интихобот ба забони давлатӣ, инчунин бо қарори комиссияи дахлдори интихоботи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ бо забонҳое, ки аксарияти аҳолии ҳавзаи интихоботи истифода мебаранд, чоп карда мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 27.11.2014 № 1133, аз 03.01.2024 № 2016).
Комиссияҳои участкавии интихобот бюллетенҳоро аз комиссияи ҳавзавӣ на дертар аз се рӯзи то баргузории интихобот мегиранд. Додану гирифтани бюллетенҳоро раис ё муовини раис ё котиби комиссияи дахлдори ҳавзавӣ ва участкавӣ бо имзои худ тасдиқ менамоянд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Биное, ки бюллетенҳои интихобот нигоҳ дошта мешаванд, муҳр зада, барои посбонӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ супорида мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
VI. КАФОЛАТ БА ФАЪОЛИЯТИ НОМЗАДҲО БА ВАКИЛӢ
Моддаи 31. Ҳуқуқи номзад ба вакилӣ барои иштирок дар маъракаи пешазинтихоботӣ
Номзадҳо ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз вақти пешбарӣ шудани онҳо дар маъракаи пешазинтихоботӣ дар асоси шартҳои баробар иштирок менамоянд. Номзадҳо ба вакилӣ ҳуқуқ доранд дар маҷлисҳою машваратҳои пешазинтихоботӣ ва дигар мачлисхо иштирок намоянд, тавассути матбуот, телевизион ва радио баромад кунанд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087, аз 03.01.2024 № 2016).
Мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, роҳбарони ташкилотҳо ва макомоти ташаббускори ҷамъиятӣ вазифадоранд, ки барои ташкили вохуриҳо бо интихобкунандагон, ба даст овардани маълумотномаю хабарномаҳо ба номзад ба вакилӣ кӯмак намоянд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087).
Моддаи 32. Барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилӣ
(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087)
Номзад ба вакилӣ метавонад бо барномаи фаъолияти ояндаи худ баромад намояд. Барномаи номзад ба вакилӣ набояд мухолифи Конститутсия (Сарқонуни) ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. Номзад ба вакилӣ дар сурати интихоб шуданаш дар назди интихоботкунандагон барои иҷрои барномаи пешазинтихоботияш масъул аст (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087, аз 03.01.2024 № 2016).
Моддаи 33. Шахсони боэътимоди номзад ба вакилӣ
Номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят метавонад то се ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ то ду нафар шахси боэтимод дошта бошад, ки онҳо дар гузаронидани маъракаи интихоботӣ ба ӯ ёрӣ мерасонанд. Барои вакил интихоб шуданаш ташвиқот мебаранд, дар муносибат бо мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, интихобкунандагон ва комиссияҳои интихоботӣ манфиатҳои ӯро ҳимоя менамоянд.
Номзад ба вакилӣ шахсони боэътимодро ихтиёран муайян мекунад, дар бораи онҳо ба комиссияи ҳавзавии интихобот барои ба қайд гирифтанашон хабар медиҳад. Комиссияи интихобот баъди ба қайд гирифтани шахсони боэътимод ба онҳо шаҳодатнома медиҳад. Номзад ба вакилӣ ҳуқуқ дорад, ки шахсони боътимоди худро ҳар вақт то оғози интихобот иваз намояд. Шахси боэътимод наметавонад, ки узви ягон комиссияи ҳавзавии интихобот бошад. Шахсони боэътимод ҳангоми маҷлисҳои пешазинтихоботӣ бо ҳоҳиши номзадҳо ба вакилӣ метавонанд аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматиашон озод бошанд, ки дар ин ҳол музди миёнаи корашон аз ҳисоби маблағи барои интихобот ҷудокарда пардохта мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087, аз 30.05.2017 № 1412).
Моддаи 34. Ташвиқоти пешазинтихоботӣ
(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087)
Ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз рӯзи бақайдгирии номзад оғоз гардида, як шабонарӯз пеш аз овоздиҳӣ қатъ мегардад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087).
Ба ҳизбҳои сиёсӣ, ки ба вакилӣ номзад пешниҳод намудаанд ва ба намояндагони номзадҳои мустақил ҳуқуқ дода мешавад, ки ба тарафдории номзадҳои худ бе мамоният ташвиқот баранд, ҳамчунин барои гузаронидани маҷлису ҷамъомадҳо биноҳои таҷҳизонидашуда ва барои ташвиқоти пеш аз интихоботи воситаҳои ахбори омма ҷудо намоянд. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳизбҳои сиёсӣ, кафолат дода мешавад, ки хислатҳои сиёсӣ, корӣ ва шахсии номзадҳоро ба вакилӣ озодона ва ҳаматарафа муҳокима намоянд, ҳамчунин онҳо ҳақ доранд, ки дар маҷлисҳо, матбуот, радио ва телевизион ба тарафдори ё зидди номзадҳо ташвиқот баранд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Номзадҳо ба вакилӣ ҳуқуқ доранд воситаҳои ахбори оммаро дар асосҳои баробар истифода баранд, вохӯриҳои худро бо интихобкунандагон дар шакли барои ҳар ду ҷониб мувофиқ ташкил намоянд. Комиссияи интихобот якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои гузаронидани вохӯриҳо мусоидат намуда, дар бораи вақту маҳалли баргузории вохӯриҳо ба интихобкунандагон хабар медиҳанд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087, аз 30.05.2017 № 1412, аз 03.01.2024 № 2016).
Ба ташвиқоти пешазинтихоботӣ мубоҳисаҳои амали хос буда, бояд ҳодисаҳои беэҳтироми нисбати ин ё он номзад ба вакилӣ роҳ дода нашавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087).
Ташвиқот дар рӯзи интихобот манъ аст.
Моддаи 35. Барои иштирок дар маъракаи интихобот аз вазифаҳои хизматӣ ё истеҳсолӣ озод кардани номзадҳо ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
Номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқ баъди ба қайд гирифта шудан дар вақти гузаронидани вохӯриҳо бо интихобкунандагон, баромад кардан дар маҷлисҳои пешазинтихоботӣ, ҷамъомадҳо, аз тариқи телевизион ва радио аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ва хизматӣ озод карда мешавад, ки дар ин ҳол маоши миёнаи ӯ аз ҳисоби маблағи барои гузаронидани интихобот ҷудокарда, пардохта мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087, аз 03.01.2024 № 2016).
Моддаи 36. Ҳуқуқи ройгон сафар кардани номзад ба вакилӣ
(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1412, аз 03.01.2024 № 2016)
Номзад ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баъди аз қайд гузаштан ҳуқуқ дорад бо тамоми намудҳои наклиёти давлатии мусофиркаш (ба истиснои такси) дар ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ ройгон сафар кунад. Номзад ба вакилӣ, ки берун аз ҳудуди ҳавзаи интихобот зиндагӣ мекунад, барои ба ҳавзаи интихобот сафар кардан ва аз он ҷо ба манзил баргаштан ҳамин гуна ҳуқуқ дорад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1412, аз 03.01.2024 № 2016).
Моддаи 37. Дахлнопазирии номзад ба вакилӣ
Номзад ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони ҳалқро, бе розигии комиссияи интихоботи дахлдори вилоят, шаҳр, ноҳия, ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷойи содир намудани ҷиноят (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
VII. ТАРТИБИ ОВОЗДИҲӢ ВА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ИНТИХОБОТ
Моддаи 38. Вақт ва ҷои овоздиҳӣ
Дар интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот аз соати 6 то соати 20 вақти маҳаллӣ гузаронида мешавад. Комиссияи участкавии интихобот вақту ҷойи овоздиҳиро ба интихобкунандагон 10 рӯз пеш аз интихобот хабар медиҳад. Дар участкаҳои интихобот, ки дар санаторияву хонаҳои истироҳат, беморхона, муолиҷагоҳҳои дигари доимӣ, ҳамчунин дар маҳалҳои дурдаст ва душворгузар ташкил карда шудаанд, комиссияи участкавии интихобот метавонад овоздиҳиро ҳар вақте, ки ҳамаи интихобкунандагони рӯйхатшуда овоз дода бошанд тамомшуда эълон намояд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Моддаи 39. Ташкили овоздиҳӣ
Интихобкунандагон дар биноҳои махсусе овоз медиҳанд, ки бо теъдоди кофии ҳуҷра ё хонаҳои барои овоздиҳии пинҳонӣ таҷҳизонида, ҷои додани бюллетенҳои интихобот муайян карда, куттиҳои интихобот гузошта шудаанд.
Куттиҳои интихобот тавре гузошта мешаванд, ки ҳангоми наздашон омадани овоздиҳандагон бояд ҳатман аз ҳуҷра ва хонаҳои овоздиҳии пинҳонӣ гузаранд.
Комиссияи участкавии интихобот барои ташкили овоздиҳӣ, махфӣ доштани изҳори иродаи интихобкунандагон, таҷҳизонидани бино ва риоя шудани тартиботи зарурӣ масъул мебошад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Раиси комиссияи интихоботӣ рӯзи интихобот пеш аз оғози овоздиҳӣ дар хузури ҳамаи аъзои комиссия куттиҳои интихоботро аз назар гузаронида, онҳоро сургуҷ мекунад ё муҳр мезанад.
Ҳар интихобкунанда шахсан худаш овоз медиҳад, ба ҷои шахси дигар овоз додан манъ аст. Додани зиёда аз як бюллетен ба интихобкунанда манъ аст. Бюллетенҳои интихоботро ба интихобкунандагон комиссияи дахлдори интихобот дар асоси рӯйхати интихобкунандагони участкаи интихобот баъди нишон додани шиноснома ё шаҳодатномаи дигари тасдиқкунандаи шахсияти интихобкунанда медиҳад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
ҳар интихобкунанда бюллетени интихоботӣ гирифта, дар рӯйхати интихобкунандагон дар муқобили насаби худ имзо мекунад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Моддаи 40. Тартиби овоздиҳӣ
Бюллетенҳои интихоботро интихобкунандагон дар ҳуҷра ё хонаи овоздиҳии пинҳонӣ пур мекунанд. Ҳангоми пур кардани бюллетен ғайр аз шахси овоздиҳанда ҳозир будани каси дигар манъ аст. Интихобкунандае, ки бюллетенро мустақилона пур карда наметавонад, ҳуқуқ дорад ба ҳуҷра ё хонаи овоздиҳӣ бо салоҳдиди худ каси дигарро, ғайр аз аъзои комиссияи интихобот, шахсони боэътимоди номзадҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, мушоҳидон, даъват кунад. Интихобкунанда дар бюллетени интихобот дар квадрати холӣ дар муқобили насаб, ном ва номи падари номзад, ки ба тарафдориаш овоз медиҳад, аломати ҷамъ "+" мегузорад. Дар мавриди зидди ҳамаи номзадҳо овоз додан интихобкунанда дар квадрати холии сатри "муқобили ҳамаи номзадҳо" аломати ҷамъ "+" мегузорад. Бюллетени пуркардаашро интихобкунанда ба қуттии интихобот меандозад. Ба интихобкунандагоне, ки бинобар вазъи саломатӣ ва дигар сабабҳо ба бинои овоздиҳӣ шахсан ҳозир шуда наметавонанд, комиссияи участкавии интихобот мувофиқи хоҳиши онҳо ба узви ҷудогонаи комиссия супориш медиҳад, ки овоздиҳиро дар ҷои истиқомати ҳамин интихобкунандагон ташкил намоянд, ки дар ин бора дар рӯйхати интихобкунандагон қайд карда мешавад. Интихобкунандагоне, ки бо ягон сабаб ба рӯйхати интихобкунандагон дохил карда нашудаанд, дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият дар маҳалли истиқоматиашон ба замимаи рӯйхати интихобкунандагон дохил мешаванд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 27.11.2014 № 1133,  аз 30.05.2017 № 1412, 03.01.2024 № 2016).
Моддаи 41. Ҳисоб кардани овозҳо дар участкаи интихоботӣ
Баъди тамом шудани овоздиҳӣ, пеш аз кушодани куттиҳои овоздиҳӣ дар ҳузури аъзоёни комиссияи участкавӣ лифофаҳои сарбаста ва варакаҳои овоздиҳӣ ба қуттӣ партофта мешаванд.
Комиссияи участкавии интихобот ҳамаи бюллетенҳои интихоботии истифоданашударо шуморида, аз ҳисоб мебароранд. Аз ҳисоб баровардани бюллетенҳои интихоботии истифоданашуда бо роҳи буридани тарафи рости қисми поёнии бюллетен сурат мегирад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Куттиҳои овоздиҳӣ аз тарафи комиссияи участкавии интихоботӣ дар ҳузури ҳамаи аъзои он баъди аз тарафи раиси комиссия тамомшуда эълон гардидани овоздиҳӣ кушода мешаванд. Кушодани куттиҳои овоздиҳӣ то ҳатмӣ овоздиҳӣ манъ аст.
Ҳисобкунии овозҳо дар участкаи интихобот алоҳида-алоҳида аз рӯи ҳавзаҳои интихобот оид ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ва ҳар номзад ба вакилӣ гузаронида мешавад.
Комиссияи участкавии интихобот мувофиқи рӯйхати интихобкунандагон шумораи умумии интихобкунандагони участка, ҳамчунин шумораи интихобкунандагонеро, ки бюллетен гирифтаанд, муқаррар мекунад. Дар асоси бюллетенҳо ва варакаҳои дар куттиҳои овоздиҳӣ буда, комиссия муқаррар менамояд: шумораи умумии интихобкунандагони дар овоздиҳӣ ширкатварзида; шумораи овозҳои ба тарафдории ҳар номзад ба вакилӣ ва шумораи овозҳои ба муқобили вай додашуда; шумораи овозҳои "муқобили ҳамаи номзадҳо" додашуда; теъдоди бюллетенҳою варақаҳое, ки беэътибор дониста шудаанд. Аз рӯи насабҳои шаҳрвандоне, ки интихобкунандагон иловатан ба бюллетен ва варақаҳо дохил намудаанд, овозҳо ҳисоб карда намешаванд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 27.11.2014 № 1133, аз 03.01.2024 № 2016).
Ба аъзои комиссияи интихобот, ба истиснои раис ва котиби комиссия, ҳангоми ҳисобкунии овозҳо доштани воситаҳои хатнависӣ мумкин нест (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Бюллетенҳои интихоботии намунааш ғайримуқаррарӣ, ҳамчунин бюллетенҳою варақаҳое, ки дар онҳо ҳангоми овоздиҳӣ беш аз як номзад боқӣ мондааст, беэътибор дониста мешаванд. Ҳангоми пайдо гардидани шубҳа оид ба ҳаққонӣ будан ё набудани бюллетену варақаи интихобот масъала аз ҷониби комиссияи участкавии интихобот бо роҳи овоздиҳӣ ҳал мегардад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 27.11.2014 № 1133, аз 03.01.2024 № 2016).
Натиҷаи ҳисоби овозҳо дар маҷлиси комиссияи участкавии интихобот баррасӣ гардида, ба протокол дохил мешавад, ки онро раис, котиб ва аъзои комиссия имзо намуда, он ба комиссияи дахлдори ҳавзавии интихобот фиристода мешавад.
Протоколи комиссияи участкавии интихобот ҳамон вақт боэътибор ҳисобида мешавад, ки агар онро аз нисф зиёди аъзои комиссия имзо карда бошад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Моддаи 42. Муқаррар кардани натиҷаи интихобот дар ҳавзаи интихоботӣ
(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016)
Дар асоси протоколҳои комиссияҳои участкавии интихобот, комиссияи ҳавзавии интихобот инҳоро муайян месозад: шумораи умумии интихобкунандагони ҳавза; шумораи интихобкунандагоне, ки бюллетенҳо ва варакаҳои интихоботӣ гирифтаанд; шумораи интихобкунандагони дар овоздиҳӣ ширкатварзида; миқдори овозҳое, ки "ба тарафдори" ва миқдори овозҳое, ки "ба муқобили" ҳар номзад ба вакилӣ дода шудаанд; шумораи овозҳое, ки "муқобили ҳамаи номзадҳо" дода шудаанд; теъдоди бюллетенҳо ва варакаҳои беэътибор донисташуда (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 27.11.2014 № 1133).
Он номзад ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, ки дар интихобот аз нисф зиёди овозҳои интихобкунандаҳои дар овоздиҳӣ ширкатварзидаро гирифтааст, интихобгардида дониста мешавад.
Комиссияи ҳавзавии интихобот аз сабаби дар рафти интихобот ё ҳангоми ҳисобкунии овозҳо роҳ додан ба вайрон карда шудани Қонуни конститутсионии мазкур метавонад интихоботро беэътибор донад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Интихобот барпонашуда дониста мешавад, агар дар он камтар аз нисфи интихобкунандагони ба рӯйхати интихобкунандагон дохилшуда иштироқ карда бошанд, ҳамчунин агар ҳамаи номзадҳо ба вакилӣ хориҷ шуда бошанд.
Натиҷаҳои интихобот дар ҳавзаи интихобот дар маҷлиси ҳавзавии интихобот муқаррар гардида, ба протокол дохил карда мешавад. Протокол аз ҷониби раис, котиб ва аъзои комиссия ба имзо расида, ба комиссияи дахлдори интихоботии вилоят, шаҳр ва ноҳия фиристода мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087).
Комиссияи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия аз натиҷаи ниҳоии интихобот дар ҳавзаи интихоботии дахлдор ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087).
Моддаи 43. Бақайдгирии вакилон
Комиссияи интихоботии вилоят, шаҳр ва ноҳия дар асоси протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот, ки ба онҳо расидаанд, вакилони интихобшударо мутобиқан ба қайд мегирад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087, аз 03.01.2024 № 2016).
Агар дар рафти интихобот ё ҳангоми ҳисоби овозҳо ва ё муайян намудани натиҷаи интихобот ба вайронкунии Қонуни конститутсионии мазкур роҳ дода шуда бошад, комиссияи интихобот метавонад интихоботро дар ҳавзаи дахлдор беэътибор донад ва вакилро ба қайд нагирад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087, аз 03.01.2024 № 2016).
Моддаи 44. Чоп кардани натиҷаи интихоботи вакилон
Комиссияи дахлдори интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар бораи натиҷаи интихобот ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи дахлдор хабар ва рӯйхати вакилони интихобшударо дар муддати на дертар аз ҳафт рӯзи баъди интихобот бо тартиби алифбо ва бо зикри насаб, ном, номи падар, вазифа (шуғл), ҳизбият, ҷои кор ва истиқомат, ҳавзаи интихобот, ки ӯ вакил интихоб шудааст, дар матбуот чоп мекунад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Моддаи 45. Шаҳодатнома ва нишони сарисинагии вакил
Комиссияи ҳавзавии интихобот баъди дар матбуот чоп кардани рӯйхати вакилоне, ки комиссияи дахлдори интихобот ба қайд гирифтааст, ба ҳар вакили интихобшуда шаҳодатнома дар хусуси интихоб гардидани ӯ медиҳад.
Пас аз он, ки Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи дахлдор ваколатҳои вакилони интихобгардидаро тасдиқ менамояд, ба онҳо ба ҷои шаҳодатнома дар хусуси вакил интихоб шуданашон шаҳодатномаи вакилӣ ва нишони сарисинагии дахлдор дода мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Шакл ва намуди шаҳодатномаи вакилӣ ва нишони сарисинагии дахлдорро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087).
VIII. ОВОЗДИҲИИ ТАКРОРӢ, ИНТИХОБОТИ ТАКРОРӢ ВА ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОН БА ҶОИ ВАКИЛОНИ ХОРИҶШУДА. ИНТИХОБОТ ДАР ВОҲИДҲОИ МАРЗИЮ МАЪМУРИИ НАВТАШКИЛ
(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087)
Моддаи 46. Овоздиҳии такрорӣ
Агар дар ҳавзаи интихоботӣ номзадии беш аз ду кас барои вакил шудан ба овоз монда шуда бошад ва ҳеҷ яке аз онҳо интихоб нагардида бошад, комиссияи ҳавзавии интихобот дар хусуси овоздиҳии такрорӣ дар ҳавза оид ба ду номзад ба вакилӣ, ки овозҳои бештар гирифтаанд, қарор қабул менамояд. Комиссияи ҳавзавӣ дар бораи ин қарор ба комиссияи дахлдори интихобот, ба интихобкунандагони ҳавза хабар медиҳад. Овоздиҳии такрорӣ дар ҳавзаи интихоботӣ дар муҳлати на дертар аз ду ҳафта бо риояи талаботи Қонуни конститутсионии мазкур дар ҳамон участкаҳои интихобот ва аз рӯи ҳамон рӯйхатҳои интихобкунандагон гузаронида мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Он номзад ба вакилӣ, ки ҳангоми овоздиҳии такрорӣ нисбат ба номзади дигар миқдори бештари овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироқкардаро соҳиб шудааст, интихобшуда ҳисоб меёбад, ба шарте, ки дар овоздиҳӣ на камтар аз нисфи интихобкунандагони дар рӯйхатҳо дохилбуда иштироқ карда бошанд.
Агар ҳангоми овоздиҳии такрорӣ яке аз номзадҳо бо сабабе хориҷ шавад, овоздиҳӣ аз рӯи як номзад сурат мегирад. Зимнан, барои интихоб шудан ба номзад ба вакилӣ лозим аст, ки беш аз нисфи овозҳои шумораи интихобкунандагони дар овоздиҳӣ ширкатварзидаро гирад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Ҳангоми овоздиҳии такрорӣ комиссияи участкавии интихобот метавонад овоздиҳиро кадом соате набошад, тамомшуда эълон намояд, ба шарте, ки ҳамаи интихобкунандагони ба рӯйхат дохилшуда овоз дода бошанд.
Моддаи 47. Интихоботи такрорӣ
Агар дар ҳавзаи интихоботӣ номзадии на бештар аз ду кас барои вакил шудан ба овоз монда шуда бошад ва ҳеч яке аз онҳо интихоб нагардида бошад, ё интихобот дар ҳавзаи интихоботи барпонашуда ё беэътибор дониста шуда бошад ва ё овоздиҳии такрорӣ имкон надода бошад, ки вакили интихобшуда муайян гардад, комиссияи дахлдори интихобот ба комиссияи ҳавзавии интихобот супориш медиҳад, ки дар ҳавзаи интихобот интихоботи такрорӣ гузаронад. Дар ин ҳолат вай метавонад дар бораи зарурати гузаронидани интихоботи такрории комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот дар хайати нав қарор қабул намояд. Овоздиҳӣ дар ҳамон участкаҳои интихобот ва мувофиқи рӯйхатҳои интихобкунандагон, ки барои интихоботи асосӣ тартиб дода шуда буданд, гузаронида мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Интихоботи такрорӣ дар муҳлати на дертар аз ду моҳ баъд аз интихоботи асосӣ гузаронида мешавад. Ташкили комиссияҳои интихоботӣ, бақайдгирии номзадҳо ба вакилӣ ва тадбирҳои дигар мувофиқи тартиби муқарраркардаи Қонуни конститутсионии мазкур сурат мегиранд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Номзаде, ки дар рафти интихоботи асосӣ миқдори зарурии овозҳоро соҳиб нашудааст, наметавонад дар интихоботи такрорӣ дар ин ҳавза дубора чун номзад пешбарӣ шавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087).
Моддаи 48. Гузаронидани интихоботи вакилон ба ивази вакилони хориҷшуда
Дар сурати аз ҷониби Маҷлиси дахлдори вакилони халқ беэътибор дониста шудани ваколатҳои вакилони алоҳида, бо сабабҳои дигар пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколатҳои вакилон дар ҳавзаи дахлдори интихобот дар мӯҳлати се моҳи баъд аз хориҷ шудани вакил интихоботи дигар гузаронида мешавад. Интихобот аз тарафи Маҷлиси дахлдори вакилони халқ на дертар аз ду моҳи пеш аз гузаронидани он таъин гардида, бо риояи талаботи Қонуни конститутсионии мазкур ташкил карда мешавад. Дар ин ҳолат, комиссияи ҳавзавии интихобот 50 рӯз пеш, комиссияҳои участкавӣ 30 рӯз пеш аз интихобот таъсис гардида, бақайдгирии номзадҳо ба вакилӣ 30 рӯз пеш аз интихобот ба охир мерасад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Дар сурати камтар аз як сол пеш аз қатъи ваколатҳои Маҷлиси даҳлдори вакилони халқ хориҷ шудани вакил, интихоботи вакили дигар ба ивази вакили хориҷшуда гузаронида намешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
Моддаи 48(1). Гузаронидани интихобот дар воҳидҳои марзию маъмурии навташкил
(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087, аз 03.01.2024 № 2016)
Интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар воҳидҳои марзию маъмурии навташкил дар сурате гузаронида мешавад, ки даъвати Маҷлиси маҳаллӣ вобаста ба иштирок надоштан ва ё шумораи ками вакилони Маҷлиси вакилони халқи дахлдор, ки ба ҳайати воҳиди марзию маъмурии навташкил дохил мешаванд, ғайриимкон аст.
Интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз тарафи комиссияҳои интихоботии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ на дертар аз ду моҳи баъди ташкил шудани воҳиди марзию маъмурӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур гузаронида мешавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087).
Моддаи 49. Маблағгузории интихобот
(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087)
Маблағгузории ташкил ва гузаронидани интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ихтиёрӣ гузаронидани интихоботро маблағгузорӣ намоянд. Ин маблағ барои истифода дар ташкил ва гузаронидани интихобот комиссияҳои интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ қабул карда мешавад.
Назорати истифодаи маблағе, ки ба комиссияи интихоботии дахлдор ҷудо шудааст, инчунин назорат оид ба воридшавӣ ва сарчашмаҳои маблағгузориро комиссияи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ амалӣ менамояд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087).
Моддаи 50. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур
(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087)
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1087).
Моддаи 51. Дар бораи аз эътибор соқит дониста шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ"
Аз рӯзи мавриди амал қарор додани ҳамин Қонуни конститутсионӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 "Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисхои маҳаллии вакилони халқ" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 23-24) аз эътибор соқит дониста шавад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 03.01.2024 № 2016).
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 Э. РАҲМОНОВ
ш.Душанбе
аз 10 декабри соли 1999 № 858
 

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ШАҲРВАНДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 15/01/2020 - 12:01
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Рақам: 
1208
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
08.08.2015
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ШАҲРВАНДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Қонуни конститутсионии мазкур муносибатҳо оид ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим дароварда, асосҳо, принсипҳо, шартҳо ва тартиби соҳиб шудан ва қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни конститутсионии мазкур истифода мешаванд:
- шаҳрваиди Ҷумҳурии Тоҷикистон - шахсе, ки дар рӯзи қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад;
- шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон - робитаи устувори сиёсию ҳуқуқии шахс бо Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, маҷмӯи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мутақобилаи тарафҳоро дар бар мегирад;
- шаҳрванди хориҷӣ - шахсе, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро надошта, шаҳрванди давлати хориҷӣ мебошад;
- шахси бешаҳрваид - шахсе, ки тибқи қонунгузории ягон давлат шаҳрванди он ҳисобида намешавад;
- душаҳрвандӣ - дорои шаҳрвандии давлати хориҷӣ будани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дорои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон будани шаҳрванди хориҷӣ мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон;
- кӯдак - шахсе, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидааст;
- истиқомат кардан - сукунати шахс бо асосҳои қонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он;
- истиқомати доимӣ - истиқомати бефосилаи шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд аз рӯи гувоҳномаи иқомат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- гувоҳномаи иқомат - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиткунандаи гирифтани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Тоҷикистон.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ оид ба шаҳрвандӣ
Ҳангоми ҳалли масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии мазкур ва шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон татбиқ мегарданд.
Моддаи 4. Принсипҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- ҳуқуқи ҳар шахс ба шаҳрвандӣ;
- баробарҳуқуқии шаҳрвандон новобаста ба асосҳои соҳиб шудан ба шаҳрвандӣ;
- мусоидат ба пешгирии бешаҳрвандӣ;
- нигоҳ доштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз ҷои истиқомат, бастан ва бекор кардани ақди никоҳ.
Моддаи 5. Манъи ба давлати хориҷӣ супоридани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба давлати хориҷӣ супоридан манъ аст.
2. Супоридани шахсе, ки ҷиноят содир кардааст, ба давлати хориҷӣ дар асоси шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон ҳал карда мешавад.
Моддаи 6. Мусоидат ба пешгирии бешаҳрвандӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб шудани шахси бешаҳрвандро дастгирӣ намуда, барои ба шаҳрвандии давлати дигар соҳиб шудани ӯ монеъ намешавад.
Моддаи 7. Нигоҳ доштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми бастан ва (ё) бекор кардани ақди никоҳ
1. Бастани ақди никоҳ ва (ё) бекор кардани он байни шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад, боиси тағйир додани шаҳрвандии онҳо намегардад.
2. Дигар кардани шаҳрвандии яке аз ҳамсарон боиси тағйир додани шаҳрвандии ҳамсари дигар намегардад.
3. Бекор кардани ақди никоҳ боиси тағйир додани шаҳрвандии кӯдакони аз ҳамин никоҳ таваллудшуда ё фарзандхондшудаи ҳамсарон намегардад.
Моддаи 8. Соҳиб шудан ба душаҳрвандӣ
1. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шаҳрвандии дигар давлатро низ дорад, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо чун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон нишон дода шудаанд.
2. Соҳиб шудан ба душаҳрвандӣ мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 9. Шаҳрванди фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ба шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҷомеаи ҷаҳонӣ хизматҳои шоён кардааст, мумкин аст бо розигии ӯ шаҳрвандии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.
2. Тартиби додани шаҳрвандии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низомномаи шаҳрванди фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, муайян менамояд.
Моддаи 10. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмие мебошад, ки дар он шаҳрвандии шахс нишон дода мешавад.
2. Номгӯи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 11. Ҳимоя ва пуштибонии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад
1. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, аз ҳимоя ва пуштибонии Ҷумҳурии Тоҷикистон бархурдор мебошад.
2. Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои дигари расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадоранд, ки ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пурра истифода бурдан аз тамоми ҳуқуқҳои муқарраркардаи қонунгузорӣ дар давлати истиқомат ё давлате, ки дар он қарор дорад, мусоидат намуда, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ӯро ҳимоя намоянд.
БОБИ 2. СОҲИБ ШУДАН БА ШАҲРВАНДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 12. Асосҳои соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асосҳои зерин ба даст оварда мешавад:
- аз рӯзи таваллуд;
- дар натиҷаи қабул намудан ба шаҳрвандӣ;
- дар натиҷаи барқарор намудан ба шаҳрвандӣ;
- бо роҳи интихоби шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати тағйир ёфтани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 13. Соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи таваллуд
1. Кӯдаке, ки падару модари ӯ ё падар ё модари ягонаи ӯ ҳангоми таваллуд шуданаш шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, новобаста аз ҷои таваллуд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.
2. Ҳангоми гуногун будани шаҳрвандии падару модар, ки яке аз онҳо дар вақти таваллуди кӯдак, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, кӯдак шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доро мешавад, агар ӯ:
- дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда бошад;
- берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда, падару модари ӯ ё яке аз онҳо дар ин вақт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ дошта бошанд.
3. Дар сурати гуногун будани шаҳрвандии падару модар, ки яке аз онҳо дар лаҳзаи таваллуди кӯдак шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дигаре шаҳрванди хориҷӣ бошад, дар ин вақт онҳо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ дошта бошанд, шаҳрвандии кӯдаки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллудёфта аз рӯи розигии хаттии падару модар муайян карда мешавад. Дар сурати ба мувофиқа наомадани падару модар дар давоми то се моҳ аз лаҳзаи таваллуди кӯдак, агар тибқи қонунгузории давлати ҷои таваллуд ба ӯ шаҳрвандии ҳамон давлат дода нашуда бошад, кӯдак шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад.
4. Кӯдаке, ки яке аз падар ё модари ӯ дар лаҳзаи таваллуд шуданаш шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаре шахси бешаҳрванд ё шахси номаълум бошад, новобаста аз ҷои таваллуди кӯдак, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад.
5. Дар ҳолати муқаррар намудани падарии кӯдаке, ки модараш шахси бешаҳрванд буда, падараш шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, кӯдак, новобаста аз ҷои таваллуд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.
6. Дар мавриди муқаррар намудани ҳолати таваллуди кӯдак аз зане, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, падараш шахси бешаҳрванд мебошад, кӯдак, новобаста аз ҷои таваллуд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.
7. Кӯдаке, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шахсони бешаҳрванде, ки ҳар ду ё яке аз онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд, таваллуд шудааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.
8. Кӯдаке, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда, падару модари ӯ номаълуманд, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доро мегардад.
9. Кӯдаки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллудшуда, ки падару модари ӯ шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд ё яке аз онҳо шаҳрванди хориҷӣ, дигараш шахси бешаҳрванд ва ё номаълум бошад, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад, агар мутобиқи қонунгузории он давлатҳо ба ӯ шаҳрвандӣ дода нашуда бошад.
Моддаи 14. Қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандро дар асоси дархости онҳо мутобиқи Қонуни конститутсионии мазкур ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудан мумкин аст.
2. Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки ба синни ҳаждаҳ расидаанд, новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсил, вазъи иҷтимоӣ ва (ё) моддӣ, ҳуқуқ доранд дар бораи қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод намоянд.
Моддаи 15. Шартҳои умумии қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шартҳои умумии қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
- истиқомати доимии бефосилаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати панҷ сол аз рӯзи гирифтани гувоҳномаи иқомат то муроҷиат намудан бо дархост оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар берун баромадани якдафъаинаи ӯ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми сол на зиёда аз се моҳро ташкил намояд, ба истиснои таҳсил, муолиҷа ва сафари хизматӣ;
- донистани забони давлатӣ дар сатҳи муошират;
- таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор надоштан.
Моддаи 16. Қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби соддакардашуда
1. Бо дархост оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби соддакардашуда бе риоя намудани шартҳои дар сархатҳои якум ва дуюми моддаи 15 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинигардида ва бе пешниҳоди гувоҳномаи иқомат шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванди зерин метавонанд муроҷиат намоянд:
- шахсе, ки дастовардҳои олӣ дар соҳаи илму техника, тандурустӣ ва варзиш, хизмати шоиста дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалигардонии арзишҳои умумибашарӣ дошта бошад;
- ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки шаҳрвандии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистиро доштанд ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд;
- кӯдак ё шахси ғайри қобили амал, ки таҳти васоят ё парастории шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад;
- кӯдак ё шахси ғайри қобили амал, ки таҳти парастории пурраи давлат дар муассисаи тарбиявӣ ё табобатӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ё муассисаи дигари ба ин монанди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад;
- шахсе, ки дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таваллуд шуда, шаҳрвандии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистиро дошта, дар давлатҳое, ки ба ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ шомил буданд, истиқомат мекард ё мекунад, вале шаҳрвандии ин давлатҳоро нагирифта, дар натиҷа шахси бешаҳрванд гаштааст.
2. Бо дархост оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кам намудани нисфи мӯҳлати истиқомати доимӣ, ки дар сархати якуми моддаи 15 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ гардидааст, шахсони зерин метавонанд муроҷиат намоянд:
- шахси бешаҳрванд, ба истиснои шахсони дар сархати панҷуми қисми 1 моддаи мазкур зикршуда;
- шаҳрванди хориҷие, ки ҳангоми таваллуд падар ё модари ӯ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, шаҳрвандии давлати хориҷиро аз рӯи таваллуд соҳиб шуда бошад, дар давоми панҷ соли баъди расидан ба синни ҳаждаҳ;
- шаҳрванди хориҷие, ки падар ё модари ӯ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;
- шахсе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таваллуд шуда, шаҳрвандии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистиро дошт.
3. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бе риоя намудани шартҳои дар моддаи 15 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинигардида масъалаи қабул намудани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намояд.
Моддаи 17. Барқарор намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Шахсоне, ки бо сабаби тағйир ёфтани шаҳрвандии падару модар аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадаанд, метавонанд тибқи дархосташон дар муддати панҷ соли баъди расидан ба синни ҳаждаҳ ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда шаванд.
2. Шахсоне, ки бо сабаби фарзандхондӣ аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадаанд, метавонанд тибқи дархосташон ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда шаванд.
3. Шаҳрвандони собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд тибқи дархосташон ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда шаванд.
Моддаи 18. Асосҳои рад кардани қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарор намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дархости қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарор намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда мешавад, агар дархостдиҳанда:
- маълумоти бардурӯғ ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ пешниҳод карда бошад;
- бо кирдори худ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид намояд;
- узви ҳизб ва ташкилотҳои дигаре бошад, ки фаъолияти онҳо расман дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст;
- барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин маҳкум шуда бошад;
- таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор дошта бошад;
- ҷазоро дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ адо карда истода бошад;
- шаҳрванди давлати хориҷие бошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он шартномаи байнидавлатӣ дар бораи душаҳрвандӣ надошта бошад.
Моддаи 19. Интихоби шаҳрвандии Чумҳурии Тоҷикистон дар сурати тағйир ёфтани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳангоми тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ёфтани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки дар ҳудуди мансубияти давлатиаш тағйирёфта зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд тибқи тартиб ва мӯҳлати пешбининамудаи шартномаи байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб намоянд.
БОБИ 3. ҚАТЪ НАМУДАНИ ШАҲРВАНДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 20. Асосҳои қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
- баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бекор кардани қарор оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо роҳи интихоб намудани шаҳрвандии давлати дигар дар сурати тағйир ёфтани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 21. Баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар моддаи 22 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ гардидаанд.
2. Баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
3. Агар дар шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани кӯдаки то синни чордаҳе, ки яке аз падар ё модари ӯ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дигаре шаҳрванди хориҷӣ мебошад ё ин ки падар ё модари ягонаи ӯ шаҳрванди хориҷӣ мебошад, аз рӯи дархости падару модар ва ё падар ё модари ягонаи ӯ амалӣ мегардад.
Моддаи 22. Асосҳои рад намудан барои аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан
Асосҳои рад намудан барои аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан инҳоянд:
- гирифтани даъватнома ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ (то ба анҷом расидани он);
- таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор доштан;
- дар назди давлат ӯҳдадории тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянгардидаи иҷронашуда доштан;
- мавҷуд будани ҳукми айбдоркунандаи эътибори қонунӣ пайдокардаи суд, ки бояд иҷро гардад;
- шаҳрвандии давлати хориҷӣ ва ё кафолати ба даст овардани онро надоштан;
- мавҷуд будани хатар барои амнияти давлатӣ ҳангоми баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 23. Аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлати хориҷӣ ба хизмати ҳарбӣ, мақомоти амният, мақомоти адлия, ҳифзи ҳуқуқ ва ё мақомоти дигари ҳокимияти давлатӣ дохил ё ба кор қабул шудааст, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст медиҳад, агар дар шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
2. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ихтиёран қабул намудани шаҳрвандии давлати дигар, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он шартнома дар бораи душаҳрвандӣ надорад, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст медиҳад.
Моддаи 24. Бекор кардани қарор оид ба қабул намудан ба шадрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Қарор оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсе бекор карда мешавад, ки ӯ дар асоси маълумоти бардурӯғ ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шудааст. Далели пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ бо тартиби судӣ муқаррар карда мешавад.
2. Бекор карда шудани қарор оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси мазкурро аз ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузорӣ озод намекунад.
3. Қарори ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуданро дар давоми панҷ сол аз рӯзи қабул шудани он бекор кардан мумкин аст.
Моддаи 25. Интихоби шаҳрвандии давлати дигар (оптатсия) дар сурати тағйир ёфтани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳангоми тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ёфтани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки дар ҳудуди воҳиди марзиву маъмурии мансубияти давлатиаш тағйирёфта зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд тибқи тартиби пешбининамудаи шартномаи байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии давлати дигарро интихоб намоянд.
БОБИ 4. ШАҲРВАНДИИ КӮДАК ҲАНГОМИ ТАҒЙИР ЁФТАНИ ШАҲРВАНДИИ ПАДАРУ МОДАР, ВАСИЮ ПАРАСТОРОН, ШАҲРВАНДИИ ШАХСОНИ ҒАЙРИ ҚОБИЛИ АМАЛ
Моддаи 26. Тағйирёбии шаҳрвандии кӯдак ҳангоми тағйир ёфтани шаҳрвандии падару модар
1. Агар падару модар ё падар ё модари ягонаи кӯдак шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шавад, кӯдак низ шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб мегардад.
2. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будани кӯдак дар сурати қатъ гардидани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будани падару модар ё падар ё модари ягонаи кӯдак қатъ мегардад, агар дар натиҷа кӯдак шахси бешаҳрванд нагардад.
3. Барои соҳиб шудан ё қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кӯдаки синни аз чордаҳ то ҳаждаҳ розигии ӯ гирифта мешавад.
4. Шаҳрвандии кӯдак ҳангоми тағйир ёфтани шаҳрвандии падару модари ӯ, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум гаштаанд, тағйир намеёбад.
Моддаи 27. Шаҳрвандии кӯдак ҳангоми соҳиб шудан ё қатъ намудани шаҳрвандии падар ё модар
1. Агар падар ё модари кӯдак, ки шаҳрванди хориҷӣ буда, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шавад, кӯдаки онҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунад, бо дархости падар ё модаре, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб мешавад, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб мегардад.
2. Агар падар ё модаре, ки шаҳрванди хориҷӣ буда, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шавад, кӯдаки онҳо, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунад, метавонад бо дархости падару модар шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гардад.
3. Агар яке аз падар ё модари кӯдак, ки шаҳрванди хориҷӣ буда, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шавад ва дигаре шахси бешаҳрванд бошад, кӯдаки онҳо метавонад бо дархости падар ё модаре, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гардидааст, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гардад.
4. Агар яке аз падар ё модаре, ки хоҳиши соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад, шахси бешаҳрванд ва дигаре шаҳрванди хориҷӣ бошад, кӯдаки онҳо бо дархости падару модар метавонад шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шавад.
5. Агар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будани яке аз падар ё модар қатъ гардад ва дигаре шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монад, кӯдаки онҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нигоҳ медорад. Бо дархости падар ё модаре, ки шаҳрвандиаш қатъ ёфтааст ва мувофиқи розигии хаттии падар ё модаре, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будани кӯдаки онҳо ба шарте қатъ меёбад, ки вай шахси бешаҳрванд нашавад.
Моддаи 28. Шаҳрвандии кӯдак ҳангоми фарзандхондӣ
1. Кӯдаке, ки аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳамсароне, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ё ҳамсароне, ки яке аз онҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дигаре шахси бешаҳрванд аст, фарзандхонд мешавад, аз рӯзи фарзандхондӣ, новобаста аз ҷои истиқомат, бо дархости фарзандхондкунанда, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб мешавад.
2. Дар мавриди фарзандхонд шудани кӯдак аз ҷониби ҳамсароне, ки яке шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаре шаҳрванди хориҷӣ мебошад, дар асоси дархости онҳо кӯдак, новобаста аз ҷои истиқоматаш, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб мешавад. Агар дар давоми як сол аз рӯзи фарзандхондӣ аз ҷониби фарзандхондкунандагон дархост оид ба шаҳрвандии кӯдаки фарзандхондшуда ворид нагардад, кӯдак шаҳрвандии Тоҷикистонро соҳиб мешавад, агар ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат намояд.
Моддаи 29. Шаҳрвандии кӯдак ва шахси ғайри қобили амал, ки таҳти васоят ва парасторӣ қарор доранд
1. Кӯдак ё шахси ғайри қобили амал, ки шахси бешаҳрванд буда, таҳти васоят ва парастории шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, тибқи сархати сеюми қисми 1 моддаи 16 Қонуни конститутсионии мазкур бо дархости васӣ ё парастор шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб мешавад.
2. Кӯдак ё шахси ғайри қобили амал, ки шахси бешаҳрванд буда, таҳти парастории пурраи давлат дар муассисаи тарбиявӣ ё табобатӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ё муассисаи дигари ба ин монанди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, тибқи сархати чоруми қисми 1 моддаи 16 Қонуни конститутсионии мазкур бо дархости роҳбари муассиса, ки дар он кӯдак ё шахси ғайри қобили амал қарор дорад, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб мешавад.
3. Кӯдак ё шахси ғайри қобили амал, ки шахси бешаҳрванд буда, таҳти васоят ё парастории шаҳрванди хориҷии шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳибшаванда қарор дорад, ҳамзамон бо дархости васӣ (парастор) шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб мешавад.
4. Кӯдак ё шахси ғайри қобили амал, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва таҳти васоят ё парастории шаҳрванди хориҷӣ қарор дорад, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нигоҳ медорад.
5. Баҳсҳо байни падару модар, инчунин падару модар бо васӣ ё парастор дар бораи шаҳрвандии кӯдак ва шахси ғайри қобили амал бо тартиби судӣ бо назардошти манфиатҳои кӯдак ва шахси ғайри қобили амал баррасӣ карда мешаванд.
БОБИ 5. МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ШАҲРВАНДӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 30. Мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба мақомоти ваколатдор, ки масъалаҳои шаҳрвандиро баррасӣ менамоянд, дохил мешаванд:
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- комиссия оид ба масъалаҳои шаҳрвандии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти корҳои дохилӣ;
- мақомоти корҳои хориҷӣ.
Моддаи 31. Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- масъалаҳои соҳиб шудан ва қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ менамояд;
- қарор оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бекор мекунад;
- низомнома дар бораи тартиби баррасии масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;
- низомнома дар бораи шаҳрванди фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;
- барои баррасии пешакии масъалаҳои шаҳрвандӣ комиссия оид ба масъалаҳои шаҳрвандиро таъсис медиҳад ва низомномаи онро тасдиқ менамояд;
- тартиби фаъолият ва ҳамкориҳои мақомоти ваколатдорро, ки масъалаҳо оид ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд, муайян менамояд;
- масъалаҳои қабул намудани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе риоя намудани шартҳои дар моддаи 15 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинигардида баррасӣ менамояд;
- тартиби баррасии масъалаҳо оид ба соҳиб шудан ва қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад;
- тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар салоҳиятро оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
2. Оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон бароварда мешавад.
Моддаи 32. Ваколатҳои комиссия оид ба масъалаҳои шаҳрвандии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ваколатҳои комиссия оид ба масъалаҳои шаҳрвандии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи низомномаи комиссияи мазкур, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, муайян карда мешаванд.
Моддаи 33. Ваколатҳои мақомоти корҳои дохилӣ оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти корҳои дохилӣ ваколатҳои зеринро оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ амалӣ мегардонанд:
- мансубияти шахсони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд;
- дархостҳои шахсони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунандаро оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунанд;
- далел ва ҳуҷҷатҳои асосноккунии дархостҳои пешниҳодшударо месанҷанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз мақомоти дахлдори давлатӣ маълумоти иловагӣ талаб мекунанд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархостҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод дар хусуси аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хулоса ва ҳуҷҷатҳои вобаста ба асосҳои мушаххаси соҳиб шудан ва қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, инчунин маводи дигарро ирсол менамоянд;
- қарорҳои қабулнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат менамоянд, иҷро мекунанд;
- дар доираи ваколатҳои худ ҳуҷҷатҳои дахлдорро оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ ба расмият медароранд.
Моддаи 34. Ваколатҳои мақомоти корҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти корҳои хориҷӣ ваколатҳои зеринро оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ амалӣ мегардонанд:
- мансубияти шахсони берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд;
- дархостҳои шахсони берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунандаро оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунанд;
- далел ва ҳуҷҷатҳои асосноккунии дархостҳои пешниҳодшударо месанҷанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз мақомоти дахлдори давлатӣ маълумоти иловагӣ талаб мекунанд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархостҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод дар хусуси аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хулоса ва ҳуҷҷатҳои вобаста ба асосҳои мушаххаси соҳиб шудан ва қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, инчунин маводи дигарро ирсол менамоянд;
- қарорҳои қабулнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсоне, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат менамоянд, иҷро мекунанд;
- дар доираи ваколатҳои худ ҳуҷҷатҳои дахлдорро оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ ба расмият медароранд;
- баҳисобгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд ва бақайдгирии аз даст додани шаҳрвандии онҳоро амалӣ менамоянд.
БОБИ 6. ТАРТИБИ БАРРАСИИ ДАРХОСТҲО ВА ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ШАҲРВАНДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 35. Тартиби пешниҳод кардани дархостҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Дархост оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунад, ба мақомоти корҳои дохилии маҳалли зисти ӯ ва аз ҷониби шахсе, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунад, ба мақомоти корҳои хориҷӣ пешниҳод карда мешавад.
2. Дархост аз ҷониби дархостдиҳанда шахсан пешниҳод карда мешавад. Агар дархостдиҳанда имконияти шахсан пешниҳод кардани дархостро надошта бошад, метавонад дархост ва ҳуҷҷатҳои барои баррасӣ заруриро ба воситаи шахси аз ҷониби ӯ ваколатдоршуда пешниҳод намояд ва ё тавассути почта фиристад. Дар чунин ҳолат аслияти имзои шахси дархостдиҳанда ва дурустии нусхаҳои ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки ба дархост замима мешаванд, аз ҷониби нотариус бояд тасдиқ карда шаванд.
3. Дархост дар бораи тағйир додани шаҳрвандии кӯдак ё шахси ғайри қобили амал аз ҷониби падару модар ё намояндагони қонунии онҳо аз рӯи маҳалли зисти дархостдиҳанда ё маҳалли зисти кӯдак ё шахси ғайри қобили амал пешниҳод карда мешавад.
4. Шакли дархост ва номгӯи маълумоти ба дархост замимашаванда, инчунин номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ вобаста ба асосҳои мушаххаси соҳиб шудан ё қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низомнома дар бораи тартиби баррасии масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Моддаи 36. Ситонидани боҷи давлатӣ ва хироҷи консулӣ
Барои баррасӣ ва додани ҳуҷҷатҳои соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андоза ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷи давлатӣ ва хироҷи консулӣ ситонида мешаванд.
Моддаи 37. Мӯҳлати баррасии дархостҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мӯҳлати баррасии дархостҳо ва пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули қарор дар бораи соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонад аз як сол аз рӯзи пешниҳоди дархост, манзур намудани пешниҳод ва тамоми ҳуҷҷатҳои зарурии ба таври дахлдор барасмиятдаровардашуда зиёд бошад.
Моддаи 38. Қабул намудани дархостҳои такрорӣ оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Пешниҳоди дархостҳои такрорӣ дар бораи соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ бо гузаштани на камтар аз як сол пас аз қабули қарори қаблӣ имконпазир аст.
2. Ҳангоми ошкор шудани ҳолатҳои қаблан номаълум дархостҳои такрорӣ мумкин аст барои баррасӣ бе риояи мӯҳлати дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда қабул карда шаванд.
Моддаи 39. Санаи соҳиб шудан ё қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда мешавад:
- аз рӯзи таваллуди кӯдак - мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии мазкур;
- аз рӯзи фарзандхондии кӯдак - мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 28 Қонуни конститутсионии мазкур;
- дар ҳолатҳои дигар - аз рӯзи баровардани фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи баровардани фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда мешавад.
Моддаи 40. Ҳуҷҷатҳое, ки дар робита ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шудан ё қатъ намудан дода мешаванд
1. Ба шахсоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат намуда, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шудаанд, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Дар ҳуҷҷатҳои кӯдаконе, ки ба синни шонздаҳ нарасидаанд, дар бораи мансубияти онҳо ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гузошта мешавад. Дар сурати ғайриимкон будани гузоштани қайд дар ҳуҷҷатҳои кӯдакон, ба онҳо маълумотнома дода мешавад, ки мансубияти онҳоро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
2. Ба шахсоне, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат намуда, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шудаанд, аз ҷониби мақомоти корҳои хориҷӣ шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии
шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
3. Ба шахсоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат намуда, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон доштанашон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур қатъ гардида, шаҳрванди давлати хориҷӣ нестанд, мақомоти корҳои дохилӣ гувоҳномаи иқомат барои шахсони бешаҳрванд медиҳанд ва ҳуҷҷатҳое, ки шаҳрвандии онҳоро тасдиқ мекунанд, гирифта мешаванд. Барои аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани шахси бешаҳрванд аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ҳуҷҷати дахлдор дода мешавад.
4. Ба шахсоне, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат дошта, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон доштанашон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур қатъ ёфта, шаҳрванди давлати хориҷӣ нестанд, мақомоти корҳои хориҷӣ шаҳодатнома барои шахсони бешаҳрванд медиҳанд, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ба расмият дароварда шудааст ва ҳуҷҷатҳое, ки шаҳрвандии онҳоро тасдиқ мекунанд, гирифта мешаванд.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 41. Шикоят нисбат ба қарори мақомот ва амалҳои шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нисбат ба қарори мақомот ва амалҳои шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои аз ҷониби онҳо беасос рад кардани қабули дархостҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риоя накардани мӯҳлат ва тартиби баррасии дархостҳо, тартиби соҳиб шудан ва қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қарорҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти болоӣ ё ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 42. Ҷавобгарӣ барои риоя иакардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 43. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №21,мод. 243; с. 2008, №10, мод. 793) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 44. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии макур
Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
8 августи соли 2015 № 1208
 

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 15/01/2020 - 12:03
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Рақам: 
1356
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
14.11.2016
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ
 
Қонуни конститутсионии мазкур вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон, муқаррар мекунад.
Моддаи 1. Мавзӯи танзими Қонуни конститутсионии мазкур
Қонуни конститутсионии мазкур дар баробари салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, инчунин мафҳум ва вазъи сиёсиву ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, имтиёзу кафолатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ӯро дар давраи фаъолият ва баъди қатъ гаштани фаъолияти президентиаш муқаррар менамояд.
Моддаи 2. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат
1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқи аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.
2. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
3. Ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст, эътироф карда мешавад.
4. Нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат маҳдудияти бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шудан ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намегардад.
Моддаи 3. Салоҳияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат
1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат вобаста ба хизматҳои бузурги таърихиаш дар назди халқу давлати Тоҷикистон чунин салоҳиятро якумра доро мебошад:
- ба халқи Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои муҳими сохтори давлатӣ, амнияти кишвар, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муроҷиат намояд, ки ба инобат гирифтани онҳо барои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад;
- дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, оид ба масъалаҳои баррасишаванда суханронӣ намояд;
- дар ҳолати ба вуҷуд омадани буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои ҳалли онҳо мусоидат намуда, машварату маслиҳат диҳад.
2. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ҳамчун Президенти собиқ узви якумраи Маҷлиси миллӣи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад.
3. Барои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар толори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи махсуси ифтихорӣ ҷудо карда шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда мешавад.
4. Масъалаҳои муҳими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мувофиқа карда мешаванд.
Моддаи 4. Таъсиси орден ва ҷоизаи давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат
1. Ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар назди Ватан чунин орден ва ҷоиза таъсис дода мешаванд:
- ордени "Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон", ки барои хизматҳои шоён дар фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонрида мешавад;
- ҷоизаи давлатии "Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон", ки ҳар се сол барои ҳиссаи арзанда дар рушди демократия, таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва дӯстии байни халқҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда мешавад.
2. Тасвири ордени "Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон" ва тартиби сарфарозгардонӣ бо онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
3. Ордени "Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон" дорои имтиёзҳое мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
4. Низомномаи ҷоизаи давлатии "Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон" аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 5. Дахлнопазирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат
1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ва аъзои оилаи ӯ ҳуқуқи дахлнопазирӣ доранд.
2. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат барои амалҳояш дар давраи иҷрои ваколатҳои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва салоҳияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.
3. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро дастгир намудан, ба ҳабс гирифтан, кофтуков кардан ва маҷбуран овардан манъ аст.
4. Дахлнопазирӣ ба моликият, ҳамчунин моликияти аъзои оила, ба манзили истиқоматӣ, бинои хизматӣ, нақлиёт, воситаҳои алоқа, мукотиба ва ҳуҷҷатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат татбиқ мегардад. Ба моликияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ва аъзои оилаи ӯ ягон маҳдудият гузошта намешавад.
5. Сирри бонкӣ ва дахлнопазирии ҳисобҳои бонкии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ва аъзои оилаи ӯ кафолат дода мешавад.
Моддаи 6. Таъмини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат
1. Барои таъмини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат баъди қатъ гаштани ваколати президентиаш бинои хизматӣ ҷудо карда шуда, Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат таъсис дода мешавад.
2. Сохтор ва басти вазифавии Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муқаррар карда мешаванд. Кормандони Дафтардорӣ мақоми хизматчии давлатиро доранд.
3. Барои Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар қисмати марказии пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ва дар зодгоҳаш биноҳои алоҳидаи корӣ ҷудо карда мешаванд, ки онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, воситаҳои техникию коммуникатсионӣ, алоқа ва нақлиёт таъмин мегарданд.
4. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат барои мулоқотҳои расмии худ ҳуқуқ дорад аз толорҳо ва қароргоҳҳои ҳукуматӣ истифода намояд.
5. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат бо шиносномаи дипломатӣ ройгон таъмин карда мешавад.
6. Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон толорҳои ҳайатҳои расмӣ ройгон хизмат мерасонанд.
7. Бо дархости Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар радио ва телевизиони давлатӣ дар вақти ба ӯ мувофиқ вақти эфирии ройгон ҷудо карда мешавад.
Моддаи 7. Таъмини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат бо воситаҳои алоқа
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ҳуқуқ дорад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон якумра аз воситаҳои алоқаи ҳукуматӣ ва дигар намуди алоқа ройгон истифода намояд. Тамоми намудҳои хизматрасонии алоқа дар доираи хизматрасонии ҳукуматӣ амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 8. Таъмини амнияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат
1. Ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Шахсоне, ки ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат суиқасд мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
2. Таъмини амнияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ба мақомоти давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад.
3. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар ҷойи будубоши доимӣ ва муваққатӣ бо ҳимояи якумраи давлатӣ таъмин карда мешавад.
4. Аъзои оилаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат бо ҳимояи давлатӣ таъмин карда мешаванд.
Моддаи 9. Таъмини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат бо манзили истиқоматӣ
Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, ки ваколати президентиаш қатъ гардидааст, хонаи истиқоматӣ ҳамчун моликияти хусусӣ ва бӯстонсарои давлатӣ бо хизматрасонии зарурии давлатӣ ҷудо карда мешаванд.
Моддаи 10. Таъмини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат бо нақлииёт
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат баъди қатъи ваколати президентиаш якумра бо автомашинаи хизматӣ ва ронанда таъмин карда мешавад.
Моддаи 11. Хароҷот вобаста ба намояндагӣ ва ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ба давлатҳои хориҷӣ
1. Хароҷот вобаста ба намояндагӣ ва ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ба давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда мешаванд.
2. Ташкил ва омодасозии ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ба давлатҳои хориҷиро Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
Моддаи 12. Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат
1. Бо мақсади амалӣ намудани иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат таъсис дода мешавад.
2. Ҳаҷми Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар буҷети давлатӣ барои соли тақвимӣ муайян карда мешавад.
3. Тартиби ихтиёрдорӣ намудани маблағҳои Фондро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 13. Осорхона, китобхона, бойгонӣ ва муҷассамаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат
1. Дар давраи иҷрои ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат таъсис дода мешаванд.
2. Осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат сарвати миллӣ буда, моликияти давлатӣ ба шумор мераванд.
3. Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зодгоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат осорхонаҳо таъсис дода мешаванд.
4. Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зодгоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат пас аз вафоташ муҷассамаи ӯ гузошта мешавад.
Моддаи 14. Таъмини хизматрасонии тиббӣ ва табобатию истироҳатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат
Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат пас аз қатъи ваколати президентиаш якумра хизматрасонии ройгони тиббӣ ва табобатию истироҳатӣ, ки дар давраи иҷрои ваколати президентиаш таъмин карда мешуд, нигоҳ дошта мешавад.
Моддаи 15. Таъмини нафақа, суғуртаи ҳаёт ва саломатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат
1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, ки ваколати президентиаш қатъ гардидааст, бо нафақаи ҳармоҳа ба андозаи 80 фоизи музди меҳнати моҳонаи Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад.
2. Ҳаёт ва саломатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, ки ваколати президентиаш қатъ гардидааст, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба андозаи музди меҳнати солонаи Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии давлатӣ карда мешаванд.
Моддаи 16. Сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва дигар масъалаҳои таъмини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат
1. Хароҷоти дар Қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда, аз ҷумла барои орден ва ҷоизаи давлатии "Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон", Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, нигоҳдории Дафтардорӣ, осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда мешаванд.
2. Хизматрасонии тиббӣ, табобатию истироҳатӣ, манзилӣ, нақлиётӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ таъмин карда мешавад.
Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 18. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2015 "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2015, №12, қ.1, мод. 1105) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 19. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии мазкур
Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
14 ноябри соли 2016 № 1356
 

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНОТИ ИҶТИМОӢ, ХИЗМАТРАСОНӢ ВА МУҲОФИЗАТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 15/01/2020 - 12:10
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Рақам: 
1357
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
14.11.2016
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАЪМИНОТИ ИҶТИМОИ, ХИЗМАТРАСОНӢ ВА МУҲОФИЗАТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қонуни конститутсионии мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба кафолатҳои иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва таъмини амнияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити зарурӣ барои самаранок амалӣ намудани ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, танзим менамояд.
Моддаи 1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.
2. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Таъминоти давлатии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Хароҷот вобаста ба таъмимоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва амнияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.
2. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои самаранок амалӣ намудани ваколатҳояш таъминоти давлатии зерин муқаррар карда мешавад:
- музди меҳнат, рухсатии меҳнатӣ ва нафақа;
- қароргоҳ, бӯстонсарои давлатӣ ва бинои истиқоматии хизматӣ;
- хизматрасонии нақлиётӣ;
- хизматрасонии тиббӣ ва табобатию истироҳатӣ;
- суғуртаи давлатии ҳаёт ва саломатӣ;
- хизматрасонии алоқа;
- муҳофизати давлатӣ;
- таъмини хароҷот вобаста ба намояндагӣ ва ташриф ба давлатҳои хориҷӣ;
- дигар намудҳои хизматрасонӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 4. Музди меҳнат, рухсатии меҳнатӣ ва нафақаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Музди меҳнати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар вақти барои ӯ мувофиқ ба муддати 45 рӯзи тақвимӣ рухсатии меҳнатии пардохтшаванда дода мешавад, ки он мумкин аст қисм ба қисм истифода шавад.
3. Ҳангоми ба рухсатии меҳнатӣ баромадан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакпулии яквақта ба андозаи музди меҳнати думоҳаи ӯ пардохт карда мешавад.
4. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба охир расидани муҳлати ваколаташ ба таъмини нафақа, ки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷоя таъин менамоянд, ҳуқуқ дорад.
Моддаи 5. Қароргоҳ, бӯстонсарои давлатӣ ва бинои истиқоматии хизматии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати иҷрои ваколаташ бо қароргоҳи давлатӣ, бӯстонсарои давлатӣ ва бинои истиқоматии хизматӣ таъмин карда мешавад.
2. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба охир расидани ваколаташ ройгон бо манзили истиқоматии шахсӣ таъмин карда мешавад.
3. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ дар давраи ваколаташ аз пардохти ҳаққи истифодаи манзили истиқоматӣ ва хизматрасонии коммуналӣ озод мебошанд.
Моддаи 6. Хизматрасонии нақлиётӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хизматрасонии нақлиётии махсус таъмин карда мешавад.
2. Хизматрасонии нақлиётӣ ба аъзои оилаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи протоколи чорабиниҳои давлатӣ ҳуқуқ дорад аз тамоми намудҳои хизматрасонии нақлиётӣ ройгон истифода барад.
Моддаи 7. Хизматрасонии тиббӣ ва табобатию истироҳатӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хизматрасонии тиббӣ, табобатию истироҳатӣ, табиби шахсӣ ва маводи доруворӣ ройгон таъмин карда мешавад.
2. Аъзои оилаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматрасонии тиббӣ ва табобатию истироҳатӣ истифода мебаранд.
3. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз қатъи ваколати президентиаш якумра хизматрасонии ройгони тиббӣ ва табобатию истироҳатӣ таъмин карда мешавад.
Моддаи 8. Суғуртаи давлатии ҳаёт ва саломатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳаёт ва саломатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба андозаи музди меҳнати солонаи ӯ суғуртаи ҳатмии давлатӣ карда мешавад. Дар сурати вафот ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ё дар давоми як соли баъди ба охир расидани ваколаташ ба аъзои оилаи ӯ кумакпулии яквақта ба андозаи музди меҳнати понздаҳсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта шуда, ба онҳо бинобар бесаробон мондан нафақа муқаррар карда мешавад.
2. Хароҷот вобаста ба дафни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби давлат пардохт карда мешаванд.
Моддаи 9. Таъмини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаҳои алоқа
1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ваколатҳояш бо воситаҳои алоқаи махсус ва дигар намудҳои алоқа таъмин карда мешавад. Хизматрасониҳои алоқа дар доираи хизматрасониҳои ҳукуматӣ амалӣ карда мешаванд.
2. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ дар давраи ваколаташ аз пардохти ҳаққи хизматрасониҳои алоқа озод мебошанд.
Моддаи 10. Хароҷот вобаста ба намояндагӣ ва ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои хориҷӣ
1. Хароҷот вобаста ба намояндагӣ ва ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда мешаванд.
2. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дигар намудҳои хизматрасонӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, истифода мебарад.
Моддаи 11. Таъмини амнияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну
шарафи ӯ таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Шахсоне, ки ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суиқасд мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
2. Амнияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои ваколаташ дар ҷойи зисти доимӣ ва будубоши муваққатӣ аз ҷониби мақомоти давлатии амнияти миллӣ таъмин карда мешавад. Дар давраи иҷрои ваколати президентӣ амнияти аъзои оилаи Президент таъмин карда мешавад.
3. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи иҷрои ваколаташ ҳуқуқ надорад, ки аз таъмини амнияти давлатӣ даст кашад.
4. Пас аз қатъи ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти ӯ якумра таъмин карда мешавад.
Моддаи 12. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонунн конститутсионии мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 13. Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи таъминот, адои хизмат ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 23-24, мод. 362; с. 2003, № 4, мод. 140; с. 2007, № 3, мод.156) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 1991 "Дар бораи ҳимояи шаъну эътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ведомостҳои Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1991, № 15, мод. 266) аз эътибор соқит дониста шаванд.
Моддаи 14. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии мазкур
Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
14 ноябри соли 2016 № 1357
 

КОДЕКСИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 16/01/2020 - 15:39
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
КОДЕКС
Рақам: 
32
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
06.08.2001
 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҚАБУЛИ КОДЕКСИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2001, №7, мод. 505; соли 2003, №12, мод. 683; соли 2004, №7, мод. 455; соли 2005, №3, мод. 127; соли 2008, № 3, мод. 190; №12, қ 1, мод.987; соли 2010, №7, мод. 552; №12, қ 1, мод.810; соли 2011, № 6, мод. 443; соли 2012, №4, мод.255; №7, мод.716; №12 қ1, мод.1018; соли 2013, №7, мод.507; №12, мод.880, соли 2015, №11, мод.951, мод.952; соли 2016, №3, мод.129, №5, мод.358, №11, мод.876; соли 2017, №7-9, мод.567; Закон Республики Таджикистан от 18 марта 2022 год, №1854)
 
         Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
         1. Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.
         2. Кодекси ислоҳи меҳнатии РСС Тоҷикистон, ки бо Қонуни РСС Тоҷикистон аз 26 июни соли 1970 «Дар бораи тасдиқ кардани Кодекси ислоҳи меҳнатии РСС Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, инчунин ҳамаи қонунҳое, ки дар давраи аз 26 июни соли 1970 то 28 июни соли 2001 ба ин кодекс тағйироту иловаҳо ворид кардаанд, аз рӯзи амалӣ гардидани Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон беъэтибор дониста шаванд.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    Э. Раҳмонов
 
ш. Душанбе, 6 августи соли 2001,
№ 32
 
 
КОДЕКСИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ҚИСМИ УМУМӢ
 
ФАСЛИ I МУҚАРРАРОТИ АСОСИИ ҚОНУНГУЗОРИИ ИҶРОИ ҶАЗОИ
ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
БОБИ I МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 18.07.17с.№1444)
Моддаи 2. Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои иҷрои ҷазо
Мақомоти ҳокимияти иҷроия оид ба масъалаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳуқуқ доранд санадҳои меъёрию ҳуқуқии ба қонун асосёфтаро қабул намоянд.
 
Моддаи 3. Мақсад ва вазифаҳои қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
1. Мақсади қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ислоҳи маҳкумшудагон ва пешгирии содир кардани ҷиноятҳои нав, чи аз тарафи онҳо ва чи аз ҷониби ашхоси дигар иборат мебошад.
2. Вазифаҳои қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз танзими тартиб ва шартҳои иҷро ва адои ҷазои ҷиноятӣ, муайян кардани воситаҳои ислоҳи маҳкумшудагон, ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо, ба маҳкумшудагон расонидани ёрӣ ҷиҳати адаптатсияи (одат кардан ба муҳити) иҷтимоӣ иборатанд.
3. Барои ноил шудан ба ин мақсаду вазифаҳо ҳамин Кодекс муқаррароти умумӣ ва принсипҳои иҷрои ҷазо ва дигар чораҳои дорои хусусияти ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ, ки Кодекси ҷиноятӣ пешбинӣ намудааст, тартиб ва шарти иҷро ва адои ҷазо, истифодаи воситаҳои ислоҳи маҳкумшудагон; ҳолати ҳуқуқии маҳкумшудагон ва системаи кафолатҳои таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо; тартиби фаъолияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо, инчунин иштироки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ, дигар ташкилот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар ислоҳи маҳкумшудагон; тартиби озод намудан аз ҷазо ва расонидани кӯмак ба озодшудагонро муайян мекунад.
 
Моддаи 4. Асосҳои иҷрои ҷазо ва истифодаи дигар чораҳои дорои хусусияти ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ
Асосҳои иҷрои ҷазо ва истифодаи дигар чораҳои дорои хусусияти ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ, ҳукм ё таъиноти ивазкунандаи он ё қарори суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, инчунин қонун дар бораи авф ё санади бахшиши ҷазо ба ҳисоб мераванд.
 
Моддаи 5. Амали қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар замон ва макон
1. Иҷрои ҷазо, инчунин татбиқи воситаҳои ислоҳи маҳкумшуда ва расонидани ёрӣ ба озодшудагон мутобиқи қонунгузорие, ки дар вақти иҷрои он амал мекунанд, анҷом дода мешавад.
2. Қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.
 
Моддаи 6. Амали қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ашхосе, ки судҳои давлатҳои хориҷӣ маҳкум кардаанд
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ашхоси бешаҳрвандии доимо дар Тоҷикистон истиқоматкунандае, ки судҳои давлатҳои хориҷӣ маҳкум кардаанд, метавонанд мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофкарда ҷиҳати иҷрои ҷазо ё адои минбаъдаи ҷазо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шаванд.
 
Моддаи 7. Супурдани ашхосе, ки судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум кардаанд
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум намудаанд, бе ҳеҷ шарту шароит ба давлати хориҷӣ супурда намешаванд.
2. Шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ, ки судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум намудаанд, барои иҷрои ҷазо ё адои минбаъдаи ҷазо мутобиқи шартномаҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои хориҷӣ супурда шуданашон мумкин аст.
 
Моддаи 8. Принсипи қонуният
1. Фаъолияти муассисаҳо, мақомот ва ашхоси мансабдоре, ки ҷазоро иҷро мекунанд, ба риояи ҳатмии қонунҳо асос меёбад. Ашхоси мансабдори ин муассисаҳо ва мақомот барои таъмини қонуният дар фаъолияташон тибқи тартиби муқарраргардида масъулият доранд.
2. Маҳкумшудагон вазифадоранд бе чуну чаро талаботи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро, ки тартиб ва шартҳои иҷро ва адои ҷазоро муайян менамоянд, риоя кунанд.
3. Ба маҳкумшудагон бояд ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшон, ки қонунҳо барояшон пешбинӣ намудаанд, дар ҳаҷми пурра тавзеҳ дода барои онҳо дастрас намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки иҷрои ҷазои ҷиноятиро танзим менамоянд, таъмин карда шавад.
 
Моддаи 9. Принсипи баробарии маҳкумшудагон дар назди қонун
Тартиб ва шартҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, қатъи назар аз вазъи иҷтимоӣ, хидматӣ ва молу мулкӣ, эътиқоди сиёсӣ, навъ ва хусусияти шуғли маҳкумшуда то содир намудани ҷиноят, мансубияти нажодӣ ва миллӣ, шаҳрвандӣ, таҳсилот, забон, муносибат ба дин ва дигар ҳолатҳо муайян карда мешавад. (Қ ҶТ аз 15.07.2004с,№48)
 
Моддаи 10. Принсипи башардӯстӣ
1. Дар рафти иҷрои ҷазо нисбат ба маҳкумшуда маҳдудиятҳои ҳадди ақалли ҳуқуқ, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои ҷазо зарур ва кофӣ мебошанд, истифода мешаванд.
2. Маҳкумшударо азобу шиканҷа додан ё нисбат ба ӯ муносибати бераҳмона ва ё ғайриинсонӣ кардан ё шаъну эътибори ӯро паст задан, таҳти тадқиқоти тиббӣ ё дигар тадқиқоти илмӣ, ки метавонад ҳаёт ва саломатии ӯро таҳти хатар гузорад, ҳатто бо розигии ӯ қарор додан қатъиян манъ аст.
 
Моддаи 11. Принсипи демократизм
1. Нисбат ба маҳкумшудагон истифода бурдани воситаҳои ислоҳӣ дар асоси инкишоф додани ташаббуси муфиди онҳо, унсурҳои худидоракунӣ, иштироки ташкилотҳои худфаъолият, хешовандони наздик ва дигар ашхос, ки метавонанд ба онҳо таъсири мусбат расонанд, сурат мегирад.
2. Дар ислоҳи маҳкумшудагон, расонидани ёрӣ ба озодшудагон ҷиҳати таъмин кардан бо ҷои кор ва фароҳам овардани шароити маишӣ, инчунин дар фаъолияти муассиса ва мақомот, ки иҷрои ҷазоро анҷом медиҳанд, аҳли ҷомеа иштирок менамояд.
3. Фаъолияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо дар заминаи ошкорбаёнӣ ва ҳамкории мутақобила бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори умум анҷом дода мешавад.
 
Моддаи 12. Принсипи адолат ва ҳавасмандгардонии рафтори ҳуқуқӣ
1. Рафтори маҳкумшудагон ҳангоми адои ҷазо, риояи қоидаҳои муқарраршуда, муносибат нисбат ба меҳнат ва таълим ҳангоми тағьир додани шароити нигаҳдошт, зиёд ё кам кардани маҳдудияти ҳуқуқӣ дар доираи пешбининамудаи қонун ба инобат гирифта мешавад.
2. Ҳангоми қабули қарор дар мавриди истифодаи чораҳои ҳавасмандгардонӣ ё муҷозот нисбат ба маҳкумшудагон ашхоси мансабдор бояд айни (объективӣ) ва холисона бошанд ва танҳо қонунро ба роҳбарӣ гиранд.
 
Моддаи 13. Принсипи фарқгузорӣ (дифферентсиатсия) ва фардисозии (индивидуализатсия) иҷрои ҷазо
Иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мутобиқи талаботи фарқгузорӣ ва фардисозии он татбиқ гардида, ба инобатгирии хусусият ва дараҷаи хавфи ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, шахсияти маҳкумшуда, рафтори ӯро дар давраи адои ҷазо, муносибати ӯро нисбат ба меҳнат ва дигар ҳолатҳоро дар бар мегирад.
 
Моддаи 14. Ислоҳи маҳкумшудагон ва воситаҳои асосии он
1. Ислоҳи маҳкумшудагон ин дар онҳо ташаккул додани муносибати эҳтиромона ба одам, ҷамъият, меҳнат, меъёрҳо, қоидаҳо ва анъанаҳои ҳаёти умумии инсон ва ҳавасманд гардондани рафтори ҳуқуқӣ мебошад.
2. Воситаҳои асосии ислоҳи маҳкумшудагон аз тартиби муқарраршудаи иҷро ва адои ҷазо (низом), корҳои тарбиявӣ, меҳнат, соҳиб шудан ба таҳсилоти умумии асосӣ омодагии касбӣ ва таъсиррасонии ҷамъиятӣ иборатанд. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
3. Воситаҳои ислоҳи маҳкумшудагон бо назардошти намуди ҷазо, хусусият ва дараҷаи хавфи ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, шахсияти маҳкумшуда ва рафтори онҳо истифода бурда мешаванд.
 
БОБИ 2 ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ МАҲКУМШУДАГОН
 
 Моддаи 15. Асосҳои вазъи ҳуқуқии маҳкумшудагон
1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии маҳкумшудагонро эҳтиром ва ҳифз менамояд, шароити муқаррарнамудаи қонунро ҷиҳати адои ҷазо, кафолати адолати иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқӣ, инчунин амнияти шахсиро ҳангоми иҷрои ҷазо таъмин мекунад.
2. Ҳангоми иҷрои ҷазо ба маҳкумшудагон ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, ба истисно ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи қонунгузории ҷиноятӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва дигар қонунгузориҳо кафолат дода мешавад. Маҳкумшудагон, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, наметавонанд аз иҷрои ӯҳдадориҳои шаҳрвандиашон озод карда шаванд.
3. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои маҳкумшудагонро ҳамин Кодекс бо назардошти тартиб ва шартҳои иҷрои намуди ҷазои мушаххас муайян мекунад.
 
Моддаи 16. Ҳуқуқҳои асосии маҳкумшудагон
1. Маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд оид ба ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои хеш, тартиб ва шартҳои адои намуди ҷазои таъин кардаи суд иттилооти хаттӣ гиранд. Муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо вазифадор аст ба маҳкумшудагон иттилооти зикршударо диҳад, инчунин онҳоро бо тағьир ёфтани тартиб ва шартҳои иҷрои адои ҷазо шинос намояд.
2. Маҳкумшудагон ба муносибати эҳтиромонаи кормандони муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо ҳуқуқ доранд. Онҳо набояд таҳти муносибати бераҳмона ва паст задани шаъну шарафи инсонӣ қарор гиранд. Чораҳои маҷбурӣ нисбат ба маҳкумшудагон танҳо дар асоси қонун истифода бурда мешаванд. (Қ ҶТ аз 15.07.2004с, №48)
3. Маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд ба маъмурияти муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо, ба мақомоти болоии онҳо, суд, мақомоти прокуратура, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин мақомоти байнидавлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ оиди ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бо таклиф ва арзу шикоят муроҷиат намоянд. (ҚҶТ аз 28.06.2011. №732) ҚҶТ аз 15.03.16с.№1276)
4. Маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд баёнот диҳанд ва мукотиба намоянд, инчунин бо забони модарӣ ё дигар забоне, ки медонанд, таклиф ва арзу шикояти дар қисми 3 ҳамин модда пешбинишударо пешниҳод кунанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз хизмати тарҷумон истифода баранд. Ба муроҷиати маҳкумшудагон ҷавоб ба забоне, ки онҳо муроҷиат кардаанд ва дар сурати имконнопазирии додани ҷавоб бо он забон, бо забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Тарҷумаи ҷавоб ба забони муроҷиатнамудаи маҳкумшуда аз ҷониби муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо таъмин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
5. Маҳкумшудагон ба ҳифзи саломатӣ, аз ҷумла вобаста ба хулосаи тиббӣ ба гирифтани ёрии ибтидоии тиббиву беҳдорӣ ва махсуси тиббӣ дар шароити амбулаторию дармонгоҳи ё беморхонавӣ ҳақ доранд, инчунин аз ҳуқуқи таъминоти моддию маишӣ истифода мебаранд.
6. Маҳкумшудагон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъминоти иҷтимоӣ, аз ҷумла дар асоси умумӣ ба гирифтани нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд.
7. Барои гирифтани кӯмаки мукаммали ҳуқуқӣ маҳкумшудагон метавонанд аз хизмати адвокат истифода баранд.
8. Маҳкумшудагон ба мулоқот бо аъзоёни оила, хешовандон, ҳамчунин ба қабул кардани хӯрокворӣ ва дигар маводҳои мавриди ниёз ҳуқуқ доранд.
9. Маҳкумшудагон мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонун ба товони зараре, ки ҳангоми иҷрои ҷазо ба онҳо расонида шудааст, ҳуқуқ доранд.
10. Тартиби татбиқи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон бо ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ муқаррар карда мешавад.
11. Ба амалбарории ҳуқуқи маҳкумшудагон набояд қоидаҳои тартиботи дохилиро вайрон кунад, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии дигар ашхосро маҳдуд намояд.
 
Моддаи 17. Ӯҳдадориҳои асосии маҳкумшудагон
1. Маҳкумшудагон бояд ӯҳдадориҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷро намоянд, инчунин меъёрҳои ахлоқу рафтори дар ҷомеа қабулшуда ва талаботи беҳдорию беҳдоштиро риоя кунанд.
2. Маҳкумшудагон дорои ӯҳдадориҳое мебошанд, ки аз намуди ҷазои таъиннамудаи суд бармеоянд.
3. Маҳкумшудагон вазифадоранд талаботи қонунро, ки тартиб ва шартҳои адои ҷазоро муайян менамояд, инчунин дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии мутобиқи он қабулшударо риоя кунанд. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
4. Маҳкумшудагон вазифадоранд талаботи қонунан асоснокбудаи маъмурияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазоро ба ҷо оранд.
5. Маҳкумшудагон вазифадоранд бо кормандон ва дигар ашхосе, ки ба муассисаи иҷрокунандаи ҷазо меоянд инчунин нисбат ба дигар маҳкумшудагон хушмуомила муносибат кунанд.
6. Маҳкумшудагон вазифадоранд ба даъвати маъмурияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо ҳозир шаванд ва оид ба масъалаҳои иҷрои талаботи ҳукм тавзеҳот диҳанд. Дар сурати ҳозир нашудани маҳкумшуда ӯ маҷбурӣ оварда шуданаш мумкин аст.
7. Аз ҷониби маҳкумшудагон иҷро накардани ӯҳдадориҳои ба зимаашон гузошташуда, инчунин талаботи қонунии маъмурияти муассиса ё мақомоти иҷрокунандаи ҷазо боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун мегардад.
 
Моддаи 18. Вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони маҳкумшудаи хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ
1. Шаҳрвандони маҳкумшудаи хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ дорои ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, инчунин ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қонунгузорӣ оид ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ, ба истисно ва маҳдудиятҳои пешбининамудаи қонунгузории ҷиноятӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва дигар қонунгузориҳо мебошанд.
2. Шаҳрвандони хориҷие, ки ба ҷазои маҳдуд кардани озодӣ, ё маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, ҳамчунин ҳуқуқ доранд бо намояндагони дипломатӣ ва муассисаҳои консулии давлатҳои хеш ва шаҳрвандони кишварҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои дипломатӣ ё консулгарӣ надоранд, бо намояндагони дипломатии кишваре, ки ҳифзи манфиати онҳоро ба ӯҳда гирифтааст ё мақомоти байналмилалие, ки ба муҳофизати онҳо машғул аст, иртибот дошта бошанд.
 
Моддаи 19. Муроҷиати маҳкумшудагон ва тартиби баррасии он
1. Маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд таклиф ва арзу шикоят пешниҳод намоянд, аз ҷумла оид ба масъалаҳои вобаста ба вайрон кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон.
2. Таклиф ва арзу шикояти маҳкумшудагон метавонад шифоҳӣ ё хаттӣ пешниҳод гардад. Онҳо аз ҷониби маъмурияти муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
3. Таклиф ва арзу шикояти онҳое, ки ба нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ,маҳрум сохтан аз озодӣ, ҷазои қатл маҳкум шудаанд, ба унвони мақомоти дар қисми 3 моддаи 16 ҳамин Кодекс зикргардида аз тариқи маъмурияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо фиристода мешаванд. Онҳое ки ба намудҳои дигари ҷазо маҳкум шудаанд, таклиф ва арзу шикояташонро мустақилона ирсол мекунанд.
4. Таклиф ва арзу шикояти ашхосе, ки ба нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ, ҷазои қатл маҳкум шудаанд, ба унвони мақомоте, ки дорои ҳуқуқи ба амал баровардани татбиқи назорат аз болои фаъолияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо мебошанд, аз назар (сензура) гузаронида намешаванд ва бояд дар мӯҳлати на дертар аз як шабонарӯз, ба ғайр аз рӯзҳои истироҳат ва ид, тибқи марбутият фиристода шаванд. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
5. Таклиф ва арзу шикояти маҳкумшудагон оид ба қарор ва амали маъмурияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо ин қарор ва амалро бознамедорад.
6. Мақомот ва ашхоси мансабдор, ки ба онҳо таклиф ва арзу шикояти маҳкумшудагон ирсол шудааст, бояд онҳоро дар мӯҳлатҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, қарори дар ин маврид қабулшударо ба маълумоти маҳкумшудагон расонанд.
 
Моддаи 20. Ҳуқуқи маҳкумшудагон ба амнияти шахсӣ
1. Маҳкумшудагон ба амнияти шахсӣ ҳуқуқ доранд.
2. Ҳангоми ба миён омадани хатар ба ҳаёт ва саломатӣ ё таҳдиди содир шудани дигар ҷиноят ба муқобили шахсияти маҳкумшуда аз ҷониби дигар ашхос ӯ ҳуқуқ дорад ба ҳар як шахси мансабдори муассисаи иҷрокунандаи ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ, нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ҷиҳати таъмини амният ва гузаронидан ба дигар бино, ки дар он ҷо чунин таҳдид вуҷуд надорад, бо ариза муроҷиат кунад. Дар чунин ҳолат шахси мансабдор вазифадор аст ҷиҳати таъмини амнияти шахсии маҳкумшудаи муроҷиатнамуда чораҳои таъхирнопазир андешад.
3. Сардори муассиса тибқи арзи маҳкумшуда ё бо ташаббуси худ дар мавриди ба ҷои бехатар гузаронидани маҳкумшуда қарор қабул мекунад ё дигар тадбирҳое меандешад, ки хавфи содир гардидани ҷиноятро нисбат ба маҳкумшуда рафъ намояд ё тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун масъалаи ҷои (маҳалли) минбаъд аз тарафи маҳкумшуда адо намудани ҷазоро ҳал мекунад.
4. Ҳангоми надидани чораҳои дахлдор барои таъмини бехатарии маҳкумшудагон шахси мансабдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
 
Моддаи 21. Таъмини озодии виҷдон ва озодии эътиқоди динии маҳкумшудагон
1. Ба маҳкумшудагон озодии виҷдон ва озодии эътиқоди динӣ кафолат дода мешавад. Ҳар як маҳкумшуда ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян кунад, дар алоҳидагӣ ё якҷоя бо дигарон ба ҳар як дин эътиқод оварад ва ё ба ҳеҷ яке аз он эътиқод надошта бошад, дар таҷлили маъракаҳои динӣ, расму оинҳои динӣ иштирок намояд, ақидаи динӣ ё атеистиро озодона интихоб намояд ва ё дошта бошад ва мутобиқи он рафтор кунад.
2. Ба ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунанд, мутобиқи ҳоҳиши онҳо дар доираи ҳудуди маъмурие, ки маркази ислоҳӣ дар он воқеъ мебошад, иҷозати рафтан ба муассисаҳои динӣ дода шуданаш мумкин аст.
3. Ба назди ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо мекунанд (ба ғайр аз онҳое, ки дар картсер, изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ ва интизомӣ, дар биноҳои навъи камеравӣ ва камераҳои яккаса нигоҳ дошта мешаванд) бо ҳоҳиши онҳо ҳодимони иттиҳодияҳои динӣ, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудаанд, даъват карда мешаванд. Дар муассисаҳои иҷрокунандаи ҷазо ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки расму оинҳои диниро ба ҷо оранд, аз асбобу ашьёи динӣ ва адабиёти динӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд. Барои иҷрои ин мақсад маъмурияти муассиса бинои мувофиқ ҷудо мекунад.
4. Мутобиқи ҳоҳиши маҳкумшудагоне, ки бемори вазнинанд, инчунин ба ҷазои қатл маҳкумшудагон қабл аз иҷрои ҳукм барои ба ҷо овардани расму оинҳои динӣ бо даъвати ҳодими дин имконият фароҳам оварда мешавад.
5. Таҷлили расму оинҳои динӣ набояд қоидаҳои тартиботи дохилиро халалдор намояд ва ҳуқуқи ашхоси дигари адокунандаи ҷазоро маҳдуд созад.
 
Моддаи 22. Огоҳинома оид ба ҷои (маҳалли) адои ҷазо
Дар мавриди ба ҷои адои ҷазо расидани маҳкумшуда ва ҳангоми ба дигар ҷо гузаронидани ӯ маъмурияти муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо вазифадор аст бо ҳоҳиши маҳкумшуда хешовандони наздики ӯро дар давоми даҳ рӯз аз рӯзи расидан ё ба дигар ҷой гузаронидан огоҳ созад.
 
БОБИ 3
МУАСССИСА ВА МАҚОМОТИ ИҶРОКУНАНДАИ ҶАЗО ВА
НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ ОНҲО
 
Моддаи 23. Муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо
1. Ҷазо дар намуди ҷарима ва мусодираи молу мулк аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро дар маҳалли ҷойгиршавии молу мулк, ҷои кор ва ё маҳалли истиқомати маҳкумшуда иҷро карда мешавад. (ҚҶТ аз 20.03.2008с,№371), (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1854)
2. Ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян аз ҷониби нозироти (инспексия) корҳои ислоҳии маҳалли истиқомати маҳкумшуда, муассисаҳои ислоҳӣ ё қисмҳои ҳарбии интизомӣ иҷро карда мешавад. Талаботи ҳукм дар мавриди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян аз ҷониби маъмурияти ҷои кори маҳкумшуда, инчунин мақомоте, ки мутобиқи қонун ҳуқуқ доранд иҷозати машғул шудан ба навъҳои фаъолиятҳои дахлдорро беэътибор созанд, иҷро карда мешавад.
3. Ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро иҷро карда мешавад. Талаботи ҳукм оид ба маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон аз ҷониби шахси мансабдор ё мақоме, ки ин рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофоти давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистонро додааст, иҷро карда мешавад. (Қ ҶТ аз 15.07.2004с,№48), (ҚҶТ аз 20.03.2008с,№371), (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1854)  
4.Ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ва корҳои ислоҳӣ аз ҷониби нозироти (инспексияи) Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с,№805)                                                                                   
 5. Ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ, якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ва ҷазои қатл аз ҷониби муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ иҷро карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с, №648).
6. Ҷазо нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, ё нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад. Талаботи ҳукм дар бораи маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ аз ҷониби фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ, муассиса, мақомот ва воҳидҳои низомӣ, ки дар онҳо хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда хизматро адо мекунанд, иҷро карда мешавад; ҷазои нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ бошад, аз ҷониби қисмҳои ҳарбии махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад.
7. Маҳкумшудагони бо шартан татбиқ накардани ҷазо ва онҳое, ки нисбаташон иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шудааст таҳти назорати нозироти корҳои ислоҳӣ қарор доранд. Назорати хизматчиёни ҳарбии бо шартан татбиқ накардани ҷазо маҳкумшударо фармондеҳии ҳарбӣ анҷом медиҳад. (ҚҶТ аз 29.12.10с, №648).
 
Моддаи 24. Истифодаи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ
1. Муассисаҳои иҷрокунандаи ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ, ё маҳрум сохтан аз озодӣ иҷрои қарори судро дар мавриди истифодаи чораҳои маҷбурии муолиҷаи ашхоси мубталои бемориҳои сил, майзадагӣ, нашъамандӣ ё заҳрмандӣ, инчунин бемории рӯҳиро, ки мукаллафиро истисно намекунад, таъмин менамоянд. (ҚҶТ 23.11.15. №1230)
2. Агар ҳангоми адои намуди ҷазоҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида муайян карда шавад, ки маҳкумшуда ба бемориҳои сил, майзадагӣ ё нашъамандӣ ё заҳрмандӣ мубтало мебошад, муассисаи иҷрокунандаи ҷазо нисбати чунин шахс дар бораи истифода бурдани чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ ба суд пешниҳод мефиристад. (ҚҶТ 23.11.15. №1230)
3. Шарт ва тартиби таъин, иҷро ва қатъи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ нисбат ба ашхоси дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида, инчунин нисбат ба ашхоси ба дигар навъи ҷазо маҳкумшударо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. (Қ ҶТ аз 15.07.2004с,№48)
4. Нисбат ба ашхоси гирифтори вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, инчунин ашхосе, ки курси пурраи муолиҷаи касалиҳои зӯҳравиро нагузаштаанд ва ба ҷазоҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда маҳкум гардидаанд, муассисаи иҷрокунандаи ҷазо мувофиқи қарори комиссияи тиббӣ муолиҷаи маҷбуриро истифода мебарад. (ҚҶТ 23.11.15. №1230), (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
5. Дар ҳолатҳое, ки ҳангоми озодшавии маҳкумшуда муолиҷа хотима наёфтааст, маъмурияти муассисаи ислоҳӣ дар сурати мавҷуд будани хулосаи тиббӣ, барои идома додани муолиҷаи маҷбурии чунин шахс дар муассисаи тиббии дорои низоми махсус, ба суд пешниҳод мефиристад.
 
Моддаи 25. Назорати судӣ
1. Муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо судеро, ки ҳукм баровардааст, дар бораи оғоз ва ҷои адои ҷазо аз тарафи шахси ба маҳдуд кардани озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ, якумра аз озодӣ маҳрум сохтани маҳкумшуда ва инчунин оиди иҷрои ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ, ҷарима, маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, мусодираи молу мулк ва ҷазои қатл огоҳ месозанд. (ҚҶТ аз 29.12.10с, №648).
2. Суд иҷрои ҷазоро ҳангоми ҳалли масъалаҳои шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан, дар бораи ба намуди ҷазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо, бо сабаби беморӣ аз ҷазо озод кардан, аз ҷазо дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда озод кардан, аз адои ҷазо озод кардани занони ҳомила ва заноне, ки кӯдаки то синни ҳаштсола доранд, инчунин ҳангоми тағйир додани намуди муассисаи ислоҳӣ назорат мекунад. (ҚҶТ аз 29.12.10с, №648).
3. Тибқи ҳолат ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шикоятҳои маҳкумшудагон ва дигар ашхосро дар хусуси амали маъмурияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
 
Моддаи 26. Назорати прокурорӣ аз болои иҷрои ҷазо
Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо ҳангоми иҷро ва адои ҷазо аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокуророни тобеи ӯ мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба амал бароварда мешавад.
 
Моддаи 27. Назорати идоравӣ
  1. Назорати бевоситаи (мустақими) фаъолияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо аз ҷониби мақомоти болоии идоравӣ ва ашхоси мансабдори он анҷом дода мешавад. Тартиби татбиқи назорати идоравиро санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ муайян менамоянд.
   2. Дар ҳолати ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар фаъолияти кормандони муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо аз ҷониби мақомоти болоии идоравӣ, ки андешидани чораҳои қонунӣ оид ба ин масъалаҳо ба ваколати онҳо дохил намешавад, маводи санҷиши хизматӣ барои баррасӣ ва қабули қарори дахлдор ба прокурор пешниҳод карда мешавад.(ҚҶТ аз 28.06.11с. №732)
 
Моддаи 271. Санҷиши фаъолияти муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ҳангоми баррасии шикоят ё бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санҷиши шикоят бо ташаббуси худ ё ҳангоми гирифтани маълумот оид ба вайронкунии оммавӣ ва ҷиддии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ё дар ҳолатҳои аҳамияти махсуси ҷамъиятӣ доштани амалҳо оид ба вайрон кардани ҳуқуқи инсон метавонад мустақилона ё якҷоя бо шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори давлатӣ санҷиши фаъолияти муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятиро оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон гузаронад.
2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бо маҳкумшудагон дар танҳоӣ мулоқот карданро дорад.
  3. Мукотиба байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҳкумшудагон таҳти назорат (сензура) қарор дода намешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с.№732)
  4. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак аз ҳуқуқу имкониятҳои муқаррарнамудаи ҳамин модда истифода мебарад. (ҚҶТ аз 15.03.16с.№1276)
 
Моддаи 28. Ёрӣ ва иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар кори муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо
Тибқи асос ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ метавонанд ба фаъолияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо ёрии амалӣ расонанд.
 
Моддаи 29. Ташриф ба муассисаҳои иҷрокунандаи ҷазо
1. Ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ бидуни иҷозати махсус инҳо метавонанд ба муассисаҳои иҷрокунандаи ҷазо ташриф оваранд:
а) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяҳо; (ҚҶТ аз 29.12.10с, №648).(ҚҶТ аз 15.03.16с.№1276)
б) Прокурори генералӣ, инчунин прокурори ваколатдорнамудаи ӯ ва прокуророне, ки бевосита иҷрои ҷазоро дар қаламрави мазкур назорат мекунанд;
в) сардорони мақомоти идораи болоии муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо.
г) вакил ва аъзои комиссияи ба амал баровардаи назорат аз болои фаъолияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо-дар доираи ҳудуди дахлдор.
2. Намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар ашхос ҳуқуқ доранд мувофиқи иҷозати махсуси маъмурияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо ё мақомоти идораи болоии муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо ба муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо ташриф оваранд. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
3. Ба навор гирифтани кино, суратгирӣ ва сабти видеои маҳкумшудагон, мусоҳиба бо онҳо, аз ҷумла бо истифодаи техникии аудио ва видео бо розигии хаттии худи маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад.
4. Ба навор гирифтани кино, суратгирӣ, сабти видеои иншоотҳое, ки амният ва ҳифзи маҳкумшудагонро таъмин менамояд, бо иҷозати хаттии маъмурияти муассиса ё мақомоти иҷрокунандаи ҷазо ба амал бароварда мешавад.
 
 
ҚИСМИ МАХСУС
 
ФАСЛИ II
ИҶРОИ ҶАЗОЕ, КИ БО ҶУДО НИГОҲ ДОШТАНИ МАҲКУМШУДА АЗ ҶОМЕА
ВОБАСТА НАМЕБОШАД
 
БОБИ 31.
Иҷрои ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ
  
Моддаи 291. Тартиби иҷрои ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ
1. Иҷрои ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ аз ҷониби нозироти корҳои ислоҳии маҳалли истиқомати маҳкумшуда дар ҷойҳое, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо розигии нозироти корҳои ислоҳӣ муайян менамоянд, ба амал бароварда мешавад.
2. Ба ҷазои корҳои ҳатмӣ маҳкумшудагон дар мӯҳлати на дертар аз 15 рӯзи ба нозироти корҳои ислоҳӣ расидани фармоиши дахлдори суд бо нусхаи ҳукм (таъинот, қарор) барои адо кардани ҷазо ҷалб карда мешаванд.
3. Нозироти корҳои ислоҳӣ баҳисобгирии маҳкумшудагонро анҷом медиҳанд: тартиб ва шартҳои адои ҷазоро тавзеҳ медиҳанд, бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ феҳристи ҷойҳое, ки маҳкумшудагон ҷазои корҳои ҳатмиро адо менамоянд, мувофиқа мекунанд; рафтори маҳкумшудагонро назорат менамоянд вақти коркарди умумии маҳкумшудагонро ба ҳисоб мегиранд.
    
Моддаи 292. Шартҳои иҷро ва адои ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ
 1. Ба корҳои ҳатмӣ маҳкумшудагон вазифадоранд: қоидаҳои тартиботи дохилаи ташкилотеро, ки дар он ҷо корҳои ҳатмиро адо менамоянд, риоя намуда, ба меҳнат софдилона муносибат кунанд: дар ҷойҳои барои онҳо муайяншуда кор карда, мӯҳлати ҳатмиро, ки суд муқаррар намудааст, иҷро кунанд: нозироти корҳои ислоҳиро оиди тағйир додани ҷои истиқоматашон хабардор намоянд.
 2. Ба маҳкумшудагондодан додани рухсатии ҳарсолаи навбатӣ аз ҷои кори асосӣ иҷрои ҷазоро дар намуди корҳои ҳатмӣ бознамедорад.
 3. Дар давраи адои ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ҳангоми маъюби гурӯҳи якум ё дуюм эътироф гардидан, расидан ба синни нафақа, бо сабаби нигоҳубини кӯдак дар рухсатӣ будан ва ё ҳомиладор гардидани маҳкумшуда нозироти корҳои ислоҳӣ дар хусуси озод намудан аз адои ҷазо ба суд пешниҳод мефиристад. (ҚҶТ аз 29.12.10с, №648).
   
Моддаи 293. Баҳисобгирии мӯҳлати ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ
 1. Мӯҳлати адои ҷазои корҳои ҳатмӣ ба соатҳое, ки дар давоми он маҳкумшуда адои ҷазо намудааст, ба ҳисоб гирифта мешавад.
 2. Вақти корҳои ҳатмӣ дар рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳое, ки маҳкумшуда ба корҳои асосӣ, хизмат ё таълим машғул нест аз чор соат зиёд буда наметавонад дар рӯзҳои корӣ ду соат пас аз адои кор, хизмат ё таълим дар ҳолати розӣ будани маҳкумшуда чор соат муқаррар шуданаш мумкин аст. Вақти корҳои ҳатмӣ дар давоми як ҳафта аз 12 соат кам буда наметавонад. Ҳангоми мавҷуд будани сабабҳои узрнок нозироти корҳои ислоҳӣ ҳуқуқ доранд ба маҳкумшуда як ҳафта коркарди миқдори соатҳои камтарро иҷозат диҳад.
  
  Моддаи 294. Вазифаҳои маъмурияти ташкилоте, ки дар он ҷо маҳкумшудагон ҷазои корҳои ҳатмиро адо мекунад
 
  1. Ба зиммаи маъмурияти ташкилоте, ки дар он ҷо маҳкумшудагон ҷазои корҳои ҳатмиро адо мекунанд, вазифаҳои зерин гузошта мешаванд: назорат аз болои иҷрои корҳое, ки барои маҳкумшудагон муайян гардидааст огоҳ намудани нозироти корҳои ислоҳӣ оиди миқдори соатҳои коркард ё саркашӣ намудани маҳкумшудагон аз адои ҷазо.
  2. Пардохт намудани товони зарар ба саломатии маҳкумшуда, ки вобаста ба иҷрои корҳои ҳатмӣ расонида шудааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ба амал бароварда мешавад.
 
 Моддаи 295. Ашаддӣ саркашӣ намудан аз адои ҷазои корҳои ҳатмӣ
 
 1. Саркашӣ кардан аз адои ҷазои корҳои ҳатмӣ ҳамон вақт ашаддӣ ҳисобида мешавад, ки агар маҳкумшуда:
 а) зиёда аз ду маротиба дар давоми як моҳ барои адои ҷазои корҳои ҳатмӣ бе сабабҳои узрнок набаромада бошад;
б) зиёда аз ду маротиба дар давоми як ҳафта интизоми меҳнатро вайрон карда бошад;
в) бо мақсади саркашӣ намудан аз адои ҷазо пинҳон шавад.
2. Нисбати маҳкумшудагоне, ки аз адои ҷазои корҳои ислоҳӣ оиди иваз намудани ҷазои корҳои ҳатмӣ бо дигар намуди ҷазо тибқи талаботи қисми 5 моддаи 481 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд пешниҳод мефиристад. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
 
БОБИ 4
ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ ҶАРИМА
 
Моддаи 30. Тартиби иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима
1. Иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро дар маҳалли истиқомат, маҳалли ҷойгиршавии молу мулк, ҷои кори маҳкумшуда ё дар маҳалли аз ҷониби маҳкумшуда адо кардани ҷазои асосӣ ба амал бароварда мешавад. (ҚҶТ аз 20.03.2008с,№371), (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1854)  
2. Аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд маҳкумшуда бояд дар давоми шаст рӯз ҷаримаро пардозад. (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1854)  
3. Суд мутобиқи хоҳишномаи маҳкумшуда ва хулосаи иҷрочии мақомоти иҷро метавонад вақти пардохти ҷаримаро ба мӯҳлати то шаш моҳ мавқуф гузорад ё дароз кунад, агар пардохти яквақтинаи он барои маҳкумшуда имконнопазир бошад. Мӯҳлати мазкур аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд ҳисоб карда мешавад. (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1854)  
4. Дар сурати аз ҷониби маҳкумшуда сари вақт напардохтани ҷарима иҷрои ин ҷазо ба тарзи маҷбурӣ, аз ҷумла бо роҳи ситонидани молу мулки маҳкумшуда, ки дар қисми 1 моддаи 199 ҳамин Кодекс зикр гардидааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
5. Ҷарима аз молу мулке, ки дар Номгӯи (рӯйхати) молу мулке, ки бо ҳукми суд мусодира карда намешавад зикр гардидааст, ситонидан мумкин нест.
 
Моддаи 31. Ашаддӣ саркашӣ намудан аз пардохти ҷарима
1. Ашаддӣ саркашӣ намудан аз пардохти ҷарима ба ҳисоб меравад, агар маҳкумшуда ҷаримаро дар мӯҳлати муқаррар намудаи қисми 2 моддаи 30 ҳамин Кодекс насупорида бошад ва даромаду молу мулки худро аз ситонидани маҷбурӣ пинҳон дошта бошад.
2. Дар ҳолате, ки маҳкумшуда аз пардохти ҷарима ашаддӣ саркашӣ менамояд, ё супоридани ҷарима барои ӯ имконнопазир аст, иҷрочии мақомоти иҷро оид ба дигар намуди ҷазо иваз намудани ҷарима тибқи қисмҳои панҷум ва нӯҳуми моддаи 49 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд пешниҳод ирсол менамояд. (ҚҶТ аз 21.07.10с, №619), (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307), (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1854)  
 
Моддаи 32. Анҷоми амали иҷроиявӣ
Варақаи иҷроӣ бо қайди иҷрои ҳукм дар хусуси ситонидани ҷарима ба суде, ки ҳукм баровардааст, фиристода мешавад.
 
БОБИ 5
ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲРУМ КАРДАН АЗ ҲУҚУҚИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ МУАЙЯН Ё МАШҒУЛ ШУДАН БО ФАЪОЛИЯТИ МУАЙЯН
 
Моддаи 33. Тартиби иҷрои ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян
1. Иҷрои ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, ки ҳамчун ҷазои асосӣ ё ба сифати ҷазои иловагӣ ба ҷазои ҷарима ё корҳои ислоҳӣ, инчунин бо шартан татбиқ накардани ҷазо таъин шудааст, аз ҷониби нозироти корҳои ислоҳии маҳалли истиқомати маҳкумшуда, инчунин маъмурияти ҷои кори ӯ ё мақоме, ки барои машғул шудан ба чунин навъи фаъолият иҷозат додааст, ба амал бароварда мешавад.
2. Иҷрои ин ҷазо, ки ба сифати ҷазои иловагӣ ба ҷазои асосӣ дар намуди маҳдуд кардани озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ таъин гардидааст, аз ҷониби муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазои асосӣ анҷом дода мешавад. Маъмурияти ин муассисаҳо пас аз адои ҷазои асосӣ ё дар сурати аз адои ҷазо озод шудани маҳкумшуда ё иваз кардани ҷазо ба ҷазои нисбатан сабуктар, нусхаи ҳукмро ҷиҳати иҷрои минбаъда ба нозироти корҳои ислоҳии маҳалли истиқомати маҳкумшуда мефиристад.
3. Дар сурати даъват ба хизмати ҳарбӣ ё ба хизмати алтернативӣ дохил шудани маҳкумшуда нозироти корҳои ислоҳӣ нусхаи ҳукми судро ҷиҳати иҷрои ин ҷазо ҳангоми хизмат ба комиссариати ҳарбӣ ё маҳалли хизмат мефиристад.
 
Моддаи 34. Баҳисобгирии мӯҳлати иҷрои ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян
1. Мӯҳлати иҷрои ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, ки ҳамчун ҷазои асосӣ ё ба сифати ҷазои иловагӣ ба ҷазои ҷарима, корҳои ислоҳӣ, инчунин ҳангоми шартан татбиқ накардани ҷазо, агар иҷрои ҷазои иловагӣ мавқуф гузошта нашуда бошад, аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд ба ҳисоб гирифта мешавад. Ба мӯҳлати ҷазои зикргардида, вақте, ки дар давоми он маҳкумшуда мансаби ба ӯ манъшударо ишғол менамуд ё ба фаъолияти манъшуда машғул буд, ба ҳисоб гирифта намешавад.
2. Ҳангоми таъини ин ҷазо ба сифати ҷазои иловагӣ ба ҷазои маҳдуд кардани озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ва маҳрум сохтан аз озодӣ мӯҳлати ҷазои зикршуда дар тамоми давраи адои ҷазои асосӣ ва зиёда аз он пас аз адои ҷазои асосӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи ҳукм низ татбиқ гардида, аз рӯзи озод шудани маҳкумшуда аз маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ), аз қисми ҳарбии интизомӣ ё аз муассисаи ислоҳӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
3. Ҳангоми нисбат ба ин гурӯҳи маҳкумшудагон истифода бурдани озодкунӣ аз адои минбаъдаи ҷазо мӯҳлати ҷазои иловагӣ аз лаҳзаи озодшавии онҳо ба ҳисоб гирифта мешавад.
 
Моддаи 35. Вазифаҳои нозироти корҳои ислоҳӣ вобаста ба иҷрои ҳукм дар мавриди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян
Нозироти корҳои ислоҳии маҳалли истиқомати маҳкумшуда баҳисобгирии (бақайдгирии) маҳкумшудагонро анҷом медиҳад; риояи ҳукми судро дар хусуси маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян назорат мекунад; аз ҷониби маъмурияти корхона, ташкилоту муассиса ё мақоме, ки барои машғул шудан бо фаъолияти дахлдор иҷозат додааст, иҷро намудани талаботи пешбининамудаи ҳукми судро дар мавриди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян санҷиш менамояд; гузаронидани корҳои тарбиявиро ташкил мекунад.
 
Моддаи 36. Ӯҳдадории маъмурияти ташкилоте, ки дар он маҳкумшуда кор мекунад
1. Талаботи ҳукм дар мавриди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян барои маъмурияти ташкилоте, ки дар он ҷо маҳкумшуда кор мекунад, ҳатмӣ мебошад.
2. Маъмурияти ташкилоте, ки маҳкумшуда дар он кор мекунад вазифадор аст:
а) маҳкумшударо аз мансабе, ки аз ҳуқуқи ишғоли он маҳрум шудааст, озод намояд ё машғул шуданашро ба фаъолияти муайяне, ки аз шуғли он маҳрум шудааст, манъ кунад ва оид ба иҷрои талаботи ҳукм ба нозироти корҳои ислоҳӣ дар мӯҳлати на дертар аз даҳ рӯз маълумот диҳад;
б) тибқи дархости нозироти корҳои ислоҳӣ асноди вобаста ба иҷрои ҷазоро пешниҳод кунад;
в) дар ҳолати тағйир ёфтан ё қатъи созишномаи меҳнатӣ бо маҳкумшуда дар мӯҳлати се рӯз ба нозироти корҳои ислоҳӣ хабар диҳад;
г) дар сурати аз ташкилот озод карда шудани маҳкумшуда, ки ҷазоро адо накардааст, дар дафтарчаи меҳнатии ӯ бо кадом асос, ба кадом мӯҳлат ва аз кадом мансаб маҳрум карда шудани маҳкумшуда ё аз ҳуқуқи ба кадом фаъолият машғул шудан маҳрум гардидани ӯ сабт карда мешавад.
 
Моддаи 37. Ӯҳдадории ашхоси ба ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян маҳкумшуда
Ашхосе, ки ба ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян маҳкум шудаанд, ӯҳдадоранд тамоми талаботи ҳукмро иҷро намуда, асноди вобаста ба адои ҷазои зикршударо ба талаби нозироти корҳои ислоҳӣ пешниҳод кунанд ва ба онҳо дар хусуси ҷои кор, тағйир ёфтани он ё аз кор озод шуданашон хабар диҳанд.
 
Моддаи 38. Ҷавобгарӣ барои иҷро накардани ҳукм дар мавриди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян
Шахси мансабдоре, ки барои иҷро накардани ҳукми суд дар мавриди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян гунаҳкораст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
 
БОБИ 6
ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ КОРҲОИ ИСЛОҲӢ
 
Моддаи 39. Тартиби иҷрои ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ
1. Корҳои ислоҳӣ мутобиқи ҳукми суд дар ҷои кори асосии маҳкумшуда ё дигар ҷойҳое, ки нозироти корҳои ислоҳӣ муайян намудааст, вале дар ноҳияи истиқоматии маҳкумшуда, бо назардошти қобилияти кории ӯ ва аз рӯи имконият тибқи ихтисоси ӯ адо карда мешаванд. Нисбат ба ноболиғ инчунин зарурати таъмини назорати дахлдор оиди рафтор ва соҳиби тахассуси истеҳсолӣ гардидани ӯ ба инобат гирифта мешавад.
2. Ҳукмҳо дар мавриди корҳои ислоҳӣ дар мӯҳлати на дертар аз даҳ рӯз аз рӯзи ба нозироти корҳои ислоҳӣ расидани фармоиши дахлдори суд бо нусхаи ҳукм (таъинот, қарор) иҷро карда мешаванд.
3. Ашхосе, ки ба ҷазои корҳои ислоҳӣ дар ҷои корашон маҳкум шудаанд, дар ҳамон корҳона, муассиса, ташкилот, ки онҳо то маҳкумшавӣ кор мекарданд, дар ҳамон вазифа ва коре, ки қаблан ба ҷо меоварданд корро идома медиҳанд, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ба дигар мансаб ё кори дигар гузаронидани ашхоси ба корҳои ислоҳӣ дар ҷои корашон маҳкумшуда дар асосҳои умумии пешбининамудаи қонунгузории меҳнат анҷом дода мешавад.
4. Ашхосе, ки ба ҷазои корҳои ислоҳӣ дар дигар ҷойҳо маҳкум шудаанд, метавонанд ба хадамоти шуғли аҳолӣ фиристода шуда, аз ҷониби он ба таври имтиёзнок бо кор таъмин карда шаванд. Ашхоси ба корҳои ислоҳӣ дар дигар ҷойҳо маҳкумшуда ҳуқуқ надорад кори ба ӯ пешниҳодшударо рад намояд, сарфи назар аз он, ки ин кор ба ихтисоси ӯ мутобиқат мекунад ё не.
 
Моддаи 40. Шартҳои адои ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ
1. Ба корҳои ислоҳӣ маҳкумшудагон вазифадоранд тартиб ва шартҳои адои ҷазоро риоя намуда, ба меҳнат софдилона муносибат кунанд, ӯҳдадориҳоро иҷро намуда, манъкуниҳоро, ки барояшон нозироти корҳои ислоҳӣ муқаррар намудааст, риоя кунанд ва тибқи даъвати он ҳозир шаванд.
2. Аз музди меҳнати ашхоси ба корҳои ислоҳӣ маҳкумшуда ба фоидаи давлат нигоҳ доштани маблағ дар ҳаҷми муқаррарнамудаи ҳукми суд анҷом дода мешавад.
3. Дар давоми мӯҳлати адои ҷазои корҳои ислоҳӣ ба маҳкумшудагон иҷозат дода намешавад, ки бидуни иҷозати хаттии нозироти корҳои ислоҳӣ бо ҳоҳиши худ аз кор озод шаванд. Иҷозат пас аз санҷиши асоснокии аризаи маҳкумшуда дода шуданаш мумкин аст. Радди додани иҷозат дар мавриди озодкунӣ аз кор бояд асоснок карда шавад. Оид ба қарори раддия тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун шикоят кардан мумкин аст.
4. Мӯҳлати адои ҷазои корҳои ислоҳӣ ба собиқаи кории умумӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. Мӯҳлати адои ҷазо ба собиқаи корӣ, ки барои гирифтани имтиёз ё изофапулӣ ба маош ҳуқуқ медиҳад, ба ҳисоб гирифта намешавад.
5. Маҳкумшуда вазифадор аст дар мавриди тағйир ёфтани ҷои кор ё ҷои истиқомат дар давоми даҳ рӯз нозироти корҳои ислоҳиро огоҳ созад.
6. Дар давраи адои ҷазои корҳои ислоҳӣ рухсатии пардохташавандаи ҳарсола бо давомнокии ҳаждаҳ рӯзи корӣ аз ҷониби маъмурияти корхонае, ки дар он маҳкумшуда кор мекунад, бо мувофиқаи нозироти корҳои ислоҳӣ дода мешавад. Дигар намуди рухсатиҳо, ки қонунгузории меҳнат пешбинӣ намудааст, дар асосҳои умумӣ дода мешаванд.
7. Ба ашхоси адокунандаи ҷазои корҳои ислоҳӣ кӯмакпулӣ оид ба корношоямии муваққатӣ, ҳомила ва таваллуд вобаста аз маош, бо аз ҳисоб баровардани маблағи тибқи ҳукми суд нигоҳдошташаванда, ҳисоб карда мешавад.
 
Моддаи 41. Вазифаҳои мақоми иҷрокунандаи ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ
Нозироти корҳои ислоҳӣ баҳисобгирии инфиродии маҳкумшудагонро анҷом медиҳад; тартиб ва шартҳои адои ҷазоро тавзеҳ медиҳад; риояи шартҳои адои ҷазоро аз ҷониби маҳкумшуда ва иҷрои талаботи ҳукмро аз ҷониби маъмурияти ташкилоти ҷои кори маҳкумшуда назорат мекунад; рафтори маҳкумшудагонро назорат намуда, дар сурати зарурат онҳоро ҷиҳати таъмин бо кор ба маркази шуғл мефиристад; дар хусуси маҷбурӣ овардани маҳкумшудагоне, ки бидуни сабабҳои узрнок мувофиқи даъват ё барои бақайдгирӣ ҳозир нашудаанд, қарор қабул мекунад; корҳои ибтидоиро дар хусуси ҷустуҷӯи маҳкумшудагон анҷом медиҳад, ба хадамоти дахлдор дар хусуси маҳкумшудагоне, ки ҷои исташон маълум намебошад, маводи дахлдор таҳия ва ирсол медорад; чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотӣ, инчунин вазифаҳо ва манъкуниҳоеро, ки моддаи 42 ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, татбиқ менамояд; дар давраи адои ҷазо барои аз кор бо хоҳиши худ рафтани маҳкумшуда иҷозат медиҳад; бо маҳкумшудагон корҳои тарбиявӣ мегузаронад.
 
Моддаи 42. Вазифаҳо ва манъкуниҳое, ки барои ашхоси ба корҳои ислоҳӣ маҳкумшуда муқаррар карда мешаванд
1. Бо назардошти хусусият ва дараҷаи хавфи ҷамъиятии ҷинояти содиршуда шахсияти маҳкумшуда, рафтори ӯ дар давраи адои ҷазо ва бо мақсади пешгирии қонуншиканиҳои нав нозироти корҳои ислоҳӣ ҳуқуқ дорад барои маҳкумшудагон вазифа ва манъкуниҳои зеринро муайян кунад:
а) манъи тарки манзил дар вақти муайяни шабонарӯз;
б) манъи тарки маҳалли истиқомат дар рӯзҳои истироҳат ва давраи рухсатӣ;
в) манъи ҳузур доштан дар ҷойҳои муайяни ноҳия (шаҳр);
г) ӯҳдадор сохтан ҷиҳати дар як моҳ ду маротиба ҳозир шудан барои гузаштан аз қайди нозироти корҳои ислоҳӣ.
2. Вазифа ва манъкуниҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда ба мӯҳлати то шаш моҳ муқаррар карда мешаванд. Дар ҳолатҳои зарурӣ ин мӯҳлат ҳар дафъа боз шаш моҳ, дар доираи мӯҳлати адои ҷазо, дароз карда шуданаш мумкин аст. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
3. Бекор будани маҳкумшуда амали вазифа ва манъкуниҳои муқарраршударо бознамедорад.
 
Моддаи 43. Баҳисобгирии мӯҳлати ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ
1. Мӯҳлати адои ҷазои корҳои ислоҳӣ бо солҳо, моҳҳо ва рӯзҳо, ки дар давоми он маҳкумшуда кор кардааст ва аз музди меҳнати ӯ маблағ дошта гирифта шудааст, ба ҳисоб гирифта мешавад. Шумораи рӯзҳое, ки маҳкумшуда кор кардааст, бояд аз шумораи рӯзҳои кории вобаста ба ҳар моҳи мӯҳлати ҷазои муайяннамудаи суд камтар набошад. Агар маҳкумшуда шумораи муқарраршудаи рӯзҳоро кор накарда бошад ва барои ҳисоби рӯзҳои корнакарда ба мӯҳлати ҷазо асосҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс вуҷуд надошта бошад, адои корҳои ислоҳӣ то пурра кор кардани шумораи муқарраршудаи рӯзҳои меҳнатӣ аз ҷониби маҳкумшуда идома меёбад.
2. Оғози мӯҳлати адои ҷазо рӯзи аз ҷониби маъмурияти ташкилоти ҷои кори маҳкумшуда гирифтани нусхаи ҳукми (таъинот, қарор) суд ва дигар асноде, ки аз нозироти корҳои ислоҳӣ ворид шудааст, ба ҳисоб меравад.
3. Ба мӯҳлати адои ҷазо вақте, ки дар давоми он маҳкумшуда бо сабабҳои узрнок кор накардааст, ба ҳисоб гирифта мешавад. Ба ин мӯҳлат инчунин вақте, ки дар давоми он маҳкумшуда расман бекор эътироф шудааст, дохил мегардад.
4. Ҳангоми ба бемории вазнин гирифтор шудани маҳкумшуда, ки беш аз чор моҳ пайдарҳам давом ёфтааст ва оянда монеаи адои ҷазо мегардад, нозироти корҳои ислоҳӣ дар хусуси озод намудан аз адои ҷазо ба суд пешниҳод мефиристад.
5. Ҳангоми дар давоми адои ҷазои корҳои ислоҳӣ ҳомила гардидани маҳкумшуда нозироти корҳои ислоҳӣ аз рӯзи додани рухсатӣ вобаста ба ҳомиладорӣ, таваллуд ва нигоҳубини кӯдаки то синни ҳаштсола оид ба мавқуф гузоштани иҷрои ҷазо ба суд пешниҳод мефиристад. (ҚҶТ аз 29.12.10с, №648).
6. Мӯҳлати адои ҷазои маҳкумшудагоне, ки дар ташкилоте, ки дар онҳо баҳисобгирии маҷмӯии вақти корӣ истифода бурда мешавад, кор мекунанд, бо назардошти давомнокии вақти корӣ дар давраи баҳисобгирӣ, ки аз шумораи рӯзҳои кории муқарраршуда зиёд нест, ҳисоб карда мешавад.
7. Ба мӯҳлати адои ҷазо инҳо ба ҳисоб гирифта намешаванд: вақте, ки дар давоми он маҳкумшуда кор накардааст, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3 ҳамин модда; вақти беморӣ вобаста ба майзадагӣ, нашъамандӣ, заҳрмандӣ ё амали вобаста ба онҳо; вақти адои ҷазои маъмурӣ дар намуди ҳабс ё корҳои ислоҳӣ, инчунин вақти нигоҳ доштан дар ҳабс ба сифати чораи пешгирӣ оид ба парвандаи дигар дар давраи адои ҷазо. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
 
Моддаи 44. Вазифаҳои маъмурияти ташкилоте, ки дар он ҷо маҳкумшуда ҷазои корҳои ислоҳиро адо мекунад
Ба зиммаи маъмурияти ташкилоте, ки дар он ҷо маҳкумшуда ҷазои корҳои ислоҳиро адо мекунад, вазифаҳои зерин гузошта мешаванд: ба маълумоти аъзоёни коллективи меҳнатӣ расонидани ҳукми суд; дуруст ва сари вақт дошта гирифтани маблағ аз музди меҳнати маҳкумшуда ва гузаронидани он тибқи тартиби муқарраршуда; назорати рафтори маҳкумшуда дар истехсолот ва мусоидат ба нозироти корҳои ислоҳӣ дар гузаронидани корҳои тарбиявӣ бо маҳкумшуда; риояи шартҳои адои ҷазо, ки ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст; огоҳ намудани нозироти корҳои ислоҳӣ дар мавриди нисбат ба маҳкумшуда истифода бурдани чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозот, дар бораи саркашӣ кардани ӯ аз адои ҷазо, инчунин огоҳонии қаблӣ дар мавриди ба дигар вазифа гузаронидан, аз кор озод намудан ё додани рухсатӣ.
 
Моддаи 45. Тартиби нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнати шахси ба корҳои ислоҳӣ маҳкумшуда
1. Нозироти корҳои ислоҳӣ назорати дуруст ва сари вақт нигоҳ доштани маблағро аз музди меҳнати маҳкумшуда ва гузаронидани онро ба буҷети давлат анҷом медиҳад. Ҷиҳати иҷрои чунин назорат нозирот ҳуқуқ дорад мақомоти молия ва андозро ҷалб намояд.
2. Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнати ҷои кори асосии маҳкумшуда барои ҳар як моҳи корӣ ҳангоми пардохти музди меҳнати новобаста аз мавҷуд будани иддао бо дигар ҳуҷҷатҳои иҷроиявӣ ба амал бароварда мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с, №648).
3. Ҳангоми нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнати маҳкумшуда ҳам даромади пулӣ ва ҳам даромад дар намуди асл (натуралӣ) ба ҳисоб гирифта мешавад. Қисми аслии даромад, ки аз маҳкумшуда нигоҳ дошта гирифта шудааст дар ихтиёри ташкилот монда, арзиши он мутобиқи нархи хариди давлат ба фоидаи давлат гузаронида мешавад. Маблағи аз даромад нигоҳдошташуда ҳар моҳ ба фоидаи давлат гузаронида мешавад.
4. Дар ҳолатҳои зерин маблағ нигоҳ дошта намешавад, аз нафақа ва ёрдампулиҳое, ки тибқи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти иҷтимоӣ гирифта мешаванд, инчунин аз пардохтҳои якдафъаина, ба ғайр аз кӯмакпулӣ барои бекорӣ, аз маблағҳое, ки ба сифати чубронпулӣ барои хароҷоти вобаста ба сафари хизматӣ пардохта шаванда, ва аз дигар ҷубронпулиҳо.
5. Ёрдампулиҳо оид ба корношоямии муваққатии маҳкумшудагон аз музди меҳнати онҳо баъди нигоҳ доштани маблағ дар ҳаҷми муайяннамудаи ҳукми суд ба ҳисоб гирифта мешавад.
6. Дар сурати бекор кардан ё тағьир додани ҳукми суд вобаста ба катъи парванда маблағҳои изофагии аз музди меҳнати маҳкумшуда нигоҳдошташуда пурра баргардонида мешаванд.
 
Моддаи 46. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ, ки нисбат ба ашхоси адокунандаи ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ истифода бурда мешаванд
1. Барои рафтори шоиста ва муносибати софдилона ба меҳнат нисбат ба ашхоси адокунандаи ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ нозироти корҳои ислоҳӣ метавонад мӯҳлат ва ҳаҷми вазифаҳою манъкуниҳои дар моддаи 42 ҳамин Кодекс пешбинишударо кам ё бекор намояд.
2. Маҳкумшудагоне, ки ислоҳ гардидани хешро собит намудаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун аз ҷониби нозироти корҳои ислоҳӣ барои шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардани онҳо ба суд пешниҳод карда мешаванд.
 
Моддаи 47. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани тартиб ва шартҳои адои ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ва барои саркашӣ намудан аз адои он
1. Вайрон кардани тартиб ва шартҳои адои ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ иборатанд аз:
а) бидуни сабабҳои узрнок аз лаҳзаи бақайдгирӣ дар нозироти корҳои ислоҳӣ дар давоми даҳ рӯз ба кор набаромадан ё саркашӣ ба ҳамон мӯҳлат аз бақайдгирӣ дар маркази шуғли аҳолӣ;
б) бидуни сабабҳои узрнок ҳозир нашудан ба нозироти корҳои ислоҳӣ;
в) вайрон кардани вазифа ва манъкуниҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс;
г) ба кор набаромадан ё ҳозир шудан ба кор дар ҳолати мастӣ ё дар ҳолати мастии нашъа ё заҳрмандӣ.
2. Барои аз ҷониби маҳкумшуда вайрон кардани тартиб ва шартҳои адои ин намуди ҷазо нозироти корҳои ислоҳӣ метавонад ӯро оиди иваз намудани корҳои ислоҳӣ ба дигар намуди ҷазо хаттӣ огоҳ намояд.
3. Саркашӣ кардан аз адои ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ҳамон вақт ашаддӣ ҳисоб карда мешавад, ки агар маҳкумшуда такроран тартиб ва шартҳои адои ҷазоро пас аз содир кардани яке аз вайронкуниҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида, ки ба таври хаттӣ огоҳонида шуда буд, содир карда бошад, инчунин маҳкумшудае, ки аз маҳалли истиқомат пинҳон шуда ҷои исти ӯ маълум намебошад.
4. Маҳкумшудае, ки аз маҳалли истиқоматӣ пинҳон шуда, ҷои исти ӯ маълум намебошад, нисбаташ кофтуков эълон карда шуда, мумкин аст бо розигии прокурор ва қарори суд ба мӯҳлати то си шабонарӯз дастгир карда шавад. (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №924)
5. Нисбати маҳкумшудагоне, ки аз адои ҷазои корҳои ислоҳӣ ашаддӣ саркашӣ менамоянд нозироти корҳои ислоҳӣ оиди иваз намудани ҷазои корҳои ислоҳӣ ба дигар намуди ҷазо тибқи талаботи қисми 3 моддаи 52 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд пешниҳод мефиристад. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
 
ФАСЛИ III
ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲДУД КАРДАНИ ОЗОДӢ
 
БОБИ 7
ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲДУД КАРДАНИ ОЗОДӢ
 
Моддаи 48. Маҳалли адои ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ
1. Ашхоси ба маҳдуд кардани озодӣ маҳкумшуда ҷазоро дар муассисаи махсус – марказҳои ислоҳӣ (табъидгоҳҳо) адо мекунанд.
2. Ашхосе, ки нисбат ба онҳо маҳдуд кардани озодӣ тибқи тартиби иваз кардани намуди дигари ҷазо таъин шудааст, метавонанд барои адои ҷазо ба марказҳои ислоҳӣ (табъидгоҳҳо) фиристода шаванд.
3. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо вазифадоранд ба мақомоти иҷрокунандаи ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ барои бо кор таъмин намудан ва беҳбуди вазъи маишии ашхоси барои адои ҷазо фиристодашуда мусоидат намоянд.
 
Моддаи 49. Фиристодани ашхоси ба маҳдуд кардани озодӣ маҳкумшуда ба маҳалли адои ҷазо
1. Ашхоси ба маҳдуд кардани озодӣ маҳкумшуда, инчунин ашхосе, ки нисбат ба онҳо ин ҷазо тибқи тартиби иваз кардани ҷазои дигар таъин шудааст, ба маҳалли адои ҷазо мустақилона, аз ҳисоби давлат равон карда мешаванд. Суде, ки ҳукм (таъинот) баровардааст, дар давоми се рӯз ба мақоми корҳои дохилии маҳалли истиқомати маҳкумшуда (ва дар сурати набудани ҷои истиқомат-ба маҳалли маҳкумшавӣ) дар бораи иҷрои ҳукми (таъиноти) эътибори қонунӣ пайдонамуда фармоиш ирсол мекунад. Мақомоти корҳои дохилӣ на дертар аз рӯзи дигари гирифтани фармоиш ба маҳкумшуда дар хусуси сафар ба маҳалли адои ҷазо амрнома (предписания) месупорад. Дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз аз рӯзи гирифтани амрнома маҳкумшуда вазифадор аст ба маҳалли адои ҷазо сафар кунад ва дар тӯли мӯҳлати барои сафар зарурӣ, ки дар амрномаи сафар зикр шудааст, ба он ҷой расад.
2. Дар ҳолати саркашӣ намудани маҳкумшуда аз гирифтани амрномаи сафар ба маҳалли адои ҷазо ё дар мӯҳлати муайян сафар накардан ё наомадан ба маҳалли адои ҷазо маҳкумшуда аз ҷониби мақоми корҳои дохилӣ бо розигии прокурор ва қарори суд ба мӯҳлати то понздаҳ шабонарӯз ҷиҳати муайян намудани сабабҳои вайрон кардани тартиби сафари мустақилона ба маҳалли адои ҷазо дастгир карда мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани сабабҳои узрнок мақомоти корҳои дохилӣ дастгиршударо тибқи тартиби муқарраршуда барои ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда ба маҳалли адои ҷазо мефиристад ё дар ҳолати аз адои ҷазо ашади саркашӣ намудан маводро ҷиҳати иваз кардани ҷазои маҳдуд кардани озодӣ ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба суд ирсол менамояд. (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №924)
3. Маҳкумшудагоне, ки қисми адонакардаи ҷазояшон дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ бо ҷазои маҳдуд кардани озодӣ иваз карда шудааст, аз ҳабс озод карда шуда, онҳо мустақилона, аз ҳисоби давлат ба марказҳои ислоҳӣ (табъидгоҳҳо) сафар мекунанд. Дар чунин ҳолат маъмурияти муассисаи ислоҳӣ ба маҳкумшуда амрномаи сафарро ба маҳалли адои ҷазо месупорад, ки дар он хатти сафар ва вақти расидан ба марказҳои ислоҳӣ(табъидгоҳ) муайян карда шудааст. Маъмурият инчунин метавонад ба мӯҳлати то панҷ шабонарӯз, бидуни баҳисобгирии вақти барои роҳ зарурӣ, бо шарти дар оянда мустақилона ҳозир шудан ба марказҳои ислоҳӣ(табъидгоҳ) рухсатии кӯтоҳмуддат диҳад.
4. Бо назардошти шахсияти маҳкумшуда, ҷойгиршавии муассисаи ислоҳӣ ва марказҳои ислоҳӣ (табъидгоҳҳо) маҳкумшуда тибқи таъиноти суд ба марказҳои ислоҳӣ (табъидгоҳҳо) таҳти назорати посбонон фиристода шуданаш мумкин аст.
5. Маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) судеро, ки ҳукм (таъинот) баровардааст, дар мавриди иҷрои он фавран огоҳ месозад.
6. Дар ҳолати ба ҷои адои ҷазо ҳозир нашудани маҳкумшуда кофтукови ӯ эълон карда мешавад.
7. Баъд аз дастгир намудани шахси маҳкумшуда вай ба ҷои иҷрои ҷазо тибқи тартиби муқарраршуда барои ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда фиристода мешавад, ё ин ки ба суд оиди иваз намудани ҷазои маҳдуд кардани озодӣ ба маҳрум сохтан аз озодӣ пешниҳод фиристода мешавад.
 
Моддаи 50. Тартиботи дохилӣ дар марказҳои ислоҳӣ (табъидгоҳ)
1. Дар марказҳои ислоҳӣ(табъидгоҳҳо) тартиботи дохилӣ муқаррар карда мешавад, ки инҳоро пешбинӣ менамояд: тартиби қабули маҳкумшудагон, қоидаҳои рафтори маҳкумшудагон дар вақти кор ва истироҳат, номгӯи кор ва вазифаҳое, ки истифодаи меҳнати маҳкумшудагон манъ аст, тартиби кашида гирифтани ашё, ки барои истифода манъ шудааст ва қоидаҳои гузаронидани санҷиш.
2. Тартиботи дохилӣ ба ҳамаи маҳкумшудагон эълон карда мешавад.
 
Моддаи 51. Баҳисобгирии мӯҳлати ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ
1. Мӯҳлати ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ аз рӯзи бақайдгирии маҳкумшуда дар маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) ба ҳисоб гирифта мешавад.
2. Вақти нигоҳ доштани маҳкумшуда таҳти ҳабс ба сифати чораи пешгирӣ ва вақти сафар таҳти назорати посбонон аз муассисаи ислоҳӣ ба маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ), ҳангоми иваз кардани қисми адонакардаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба маҳдуд кардани озодӣ аз рӯи ҳисоби як рӯзи таҳти ҳабс қарор доштан баробар ба ду рӯзи маҳдуд кардани озодӣ, инчунин вақти рухсатии кӯтоҳмуддат пас аз озодшавӣ аз муассисаи ислоҳӣ то ҳозир шудан ба маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) ба мӯҳлати ҷазо ҳисоб карда мешавад.
3. Ба мӯҳлати ҷазо вақти худсарона ҳузур надоштани маҳкумшуда дар кор ё набудани ӯ дар маҳалли истиқомат бештар аз як шабонарӯз ҳисоб карда намешавад.
 
Моддаи 52. Тартиби адои ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ
1. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо пешниҳоди мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ сарҳади ҳудуди маркази ислоҳиро (табъидгоҳ) муайян намуда ва қоидаи рафтори аҳолиро дар ин ҳудуд муқаррар менамоянд.
2. Нисбат ба маҳкумшудагон дар маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) Қоидаҳои тартиботи дохилии маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) амал мекунад, ки онро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
3. Ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунанд, бидуни посбонон (қаровулон) нигоҳ дошта мешаванд, вале таҳти назорат буда, вазифадоранд:
а) талаботи Қоидаҳои тартиботи дохилии маркази ислоҳиро (табъидгоҳ)-ро қотеона риоя кунанд;
б) дар он ҷое, ки маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) фиристодааст, кор кунанд;
в) ҳамеша дар ҳудуди сарҳади маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) бошанд ва бидуни иҷозати маъмурият онро тарк накунанд. Ба ашхосе, ки ҷазояшон дар намуди маҳдуд кардани озодӣ тибқи тартиби иваз ба ҷазои нисбатан сабуктар татбиқ карда шудааст, дар ҳолатҳои зарурӣ пас аз бақайдгирии маҳкумшуда маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) метавонад барои ба мӯҳлати то панҷ шабонарӯз аз ҳудуди ҷои ҷойгиршавии маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) баромадан иҷозат диҳад, агар чунин иҷозат аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ пас аз озод намудан дода нашуда бошад;
г) чун қоида дар хобгоҳҳои махсуси барои маҳкумшудагон таъингардида зиндагӣ карда, онро бидуни иҷозати маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) шабона тарк накунанд;
д) бидуни пардохти маош дар ободонии бино ва ҳудуди маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) тибқи тартиби бонавбат, дар вақтҳои ғайрикорӣ ва ба мӯҳлати на бештар аз ду соат дар як ҳафта иштирок кунанд;
е) ҳуҷҷати шаҳодатдиҳандаи шахсии намунаи муқарраршуда дошта бошанд.
4. Чун қоида дар як маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) ашхосе, ки маҳдуд кардани озодӣ тибқи тартиби иваз ба ҷазои нисбатан сабуктар таъин карда шудааст ва ашхосе, ки барояшон ин ҷазо мутобиқи ҳукми суд таъин шудааст, бо ҳам нигоҳ дошта намешаванд.
5. Маҳкумшудагоне, ки қаблан ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо карда, доғи судӣ доранд, аз дигар маҳкумшудагон алоҳида нигоҳ дошта мешаванд. Маҳкумшудагоне, ки ҷиноятро дар шарикӣ содир намудаанд, ҷазоро ҷудо-ҷудо адо мекунанд.
6. Маҳкумшудагон ва биное, ки онҳо истиқомат мекунанд, таҳти кофтуков ва молу мулкашон таҳти азназаргузаронӣ қарор дода шуданаш мумкин аст.
7. Ба маҳкумшудагон ба даст овардан, нигоҳ доштан ва истифодаи асбобу анҷом, ашё ва маводе, ки номгӯи онҳоро Қоидаҳои тартиботи дохилии марказҳои ислоҳӣ муайян кардааст, манъ мебошад. Дар сурати ёфт кардани чунин асбобу анҷом, ашё ё мавод дар маҳкумшудагон онҳо мутобиқи қарори сардори маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) аз маҳкумшудагон кашида гирифта шуда, барои нигоҳдошт супурда мешаванд ё несту нобуд ва ё ба фоидаи давлат гузаронида мешаванд.
8. Ба маҳкумшудагоне, ки Қоидаҳои тартиботи дохилиро вайрон накардаанд ва оиладор мебошанд, мутобиқи қарори сардори маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) иҷозат дода шуданаш мумкин аст, ки бо оилаашон дар манзили ба иҷора гирифташуда ё манзили шахсӣ зиндагӣ кунанд. Ин маҳкумшудагон вазифадоранд аз ду то шаш маротиба дар як моҳ ҷиҳати бақайдгирӣ ба маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) ҳозир шаванд. Давомнокии бақайдгирӣ бо қарори сардори маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) муқаррар карда мешавад.
9. Ба маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунанд, иҷозат дода мешавад, ки дар муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи махсус, ки дар дохили воҳидҳои маъмурию ҳудудии маҳалли адои ҷазо воқеанд, ғоибона таҳсил кунанд.
 
Моддаи 53. Шароити меҳнати ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунанд
1. Маҳкумшудагон дар ташкилотҳои шаклҳои моликияташон гуногун ба кор ҷалб карда мешаванд.
2. Меҳнати ашхоси ба маҳдуд кардани озодӣ маҳкумшуда тибқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои қоидаҳои қабул ба кор, озод намудан аз кор, гузаронидан ба кори дигар танзим карда мешавад.
3. Ба кори дигар гузаронидани маҳкумшудагон, аз ҷумла ба маҳалли дигар, аз ҷониби маъмурияти ташкилоте, ки маҳкумшуда дар он кор мекунад, бо мувофиқаи маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) ва ҳаддалимкон бо назардошти андешаи маҳкумшуда ва мутобиқи нишондоди хулосаи тиббӣ анҷом дода шуданаш мумкин аст.
4. Барои маҳкумшудагоне, ки ихтисоси зарурӣ надоранд, гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё омодагии касбӣ ташкил карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
 
Моддаи 54. Ӯҳдадориҳои маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ)
1. Маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) баҳисобгирии маҳкумшудагонро анҷом медиҳад; тартиб ва шартҳои адои ҷазоро тавзеҳ медиҳад; шароити корӣ, зист ва маишати маҳкумшудагонро фароҳам меорад; риояи тартиб ва шартҳои адои ҷазоро таъмин мекунад; назоратро аз болои маҳкумшудагон ба амал бароварда, ҷиҳати пешгирии вайронкунии тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо тадбирҳо меандешад; бо маҳкумшудагон корҳои тарбиявӣ мебарад; мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун чораҳои мукофотонӣ ва муҷозотро истифода мебарад; дар мавриди омода сохтани маҳкумшудагон ба озодӣ корҳоро ба амал мебарорад.
2. Тартиби иҷрои ӯҳдадориҳои зикршударо ҳамин Кодекс, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян менамоянд.
 
Моддаи 55. Ӯҳдадориҳои маъмурияти ташкилоти маҳалли кори маҳкумшудае, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунад
1. Маъмурияти ташкилоти маҳалли кори ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунанд, бо назардошти вазъи саломатӣ ва аз рӯи имкон бо ихтисоси маҳкумшудагон онҳоро барои бо кор таъмин намудан ҷалб менамояд, барояшон таҳсилоти касбии ибтидоӣ ва ё омодагии касбӣ фароҳам меорад ва дар ташкили шароити манзилию маишӣ иштирок менамояд. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
2. Дар хусуси ба кор ҳозир нашудани маҳкумшуда ва гузоштани муҷозоти интизомӣ маъмурияти ташкилот вазифадор аст фавран ба маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) иттилоъ диҳад.
3. Ба маъмурияти ташкилот бидуни розигии маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) аз кор озод кардани ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунанд, манъ аст.
 
Моддаи 56. Корҳои тарбиявӣ бо ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунанд
1. Бо ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунанд, аз ҷониби маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ), инчунин маъмурияти ташкилоти ҷои кори маҳкумшудагон ва сохторҳои ҷамъиятӣ корҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд.
2. Шаклҳои асосии корҳои тарбиявӣ иборатанд аз:
а) корҳои инфиродӣ, ки дар асоси омӯзиши шахсияти ҳар як маҳкумшуда бо назардошти ҷинояти содирнамудаи ӯ, синну сол, таҳсилот, касб ва дигар хислатҳои маҳкумшуда гузаронида мешавад; (Қ ҶТ аз 15.07.2004с,№48)
б) фаҳмонда додани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) корҳои маданию оммавӣ ва варзишию ҷисмонӣ;
3. Иштироки фаъолонаи маҳкумшудагон дар гузаронидани чорабиниҳои дорои хусусияти тарбиявӣ дошта ҳавасманд гардонида шуда, ҳангоми муайян кардани дараҷаи ислоҳшавӣ ба инобат гирифта мешавад.
 
Моддаи 57. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ, ки нисбат ба ашхоси адокунандаи ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ истифода бурда мешаванд
1. Барои рафтори шоиста ва муносибати софдилона ба меҳнат маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) нисбат ба маҳкумшудагон чораҳои ҳавасмандгардонии зайлро истифода бурда метавонад:
а) эълони раҳматнома;
б) иҷозат барои баромадан аз ҳудуди маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) барои ҷашнгирии ид ва рӯзҳои истироҳат;
в) додани иҷозат барои берун аз ҳудуди маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) гузаронидани рухсатӣ;
г) пеш аз мӯҳлат бардоштани муҷозоти қаблан гузошташуда;
д) мукофотпулӣ.
2. Маҳкумшудагонро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун барои шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан ё барои ивази қисми адонанамудаи ҷазояшон ба намуди ҷазои нисбатан сабуктар пешниҳод кардан мумкин аст.
 
Моддаи 58. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани тартиб ва шартҳои адои ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ ва барои саркашии ашаддӣ аз адои ин намуди ҷазо
1. Вайронкунии тартиб ва шартҳои адои ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ иборатанд аз: вайронкунии интизоми меҳнат, тартиботи ҷамъиятӣ ё ин ки вайрон кардани қоидаҳои зисти барои маҳкумшудагон муқарраршуда, оиди оне, ки ба таври хаттӣ ба ӯ чораҳои муҷозотӣ гузошта шуда буд.
2. Барои вайрон кардани тартиби муқарраршуда ва шартҳои адои ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр гардидааст, маъмурияти маркази ислоҳӣ (таъбидгоҳ) нисбат ба маҳкумшудагон чораҳои зайли муҷозотро метавонад истифода барад:
а) танбеҳ;
б) мутобиқи Қоидаҳои тартиботи дохилии маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) ҷойгиркунонӣ дар изолятори (тавқифгоҳи) интизомӣ ба мӯҳлати то се шабонарӯз;
в) манъи баромадан аз ҳудуди хобгоҳ дар соатҳои муайяни шабонарӯз ба мӯҳлати то як моҳ;
г) огоҳонӣ дар мавриди имконпазирии иваз намудани ҷазои маҳдуд кардани озодӣ ба маҳрум сохтан аз озодӣ.
3. Саркашии ашаддӣ аз адои ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ ин худсарона ва бидуни сабабҳои узрнок содир намудани кирдори зайл мебошад:
а) тарки ҳудуди маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ);
б) барнагаштан ё сари вақт наомадан ба маҳалли адои ҷазо;
в) тарк кардани ҷои кор ё маҳалли истиқомат.
4. Ҳангоми дар давоми даҳ шабонарӯз ёфт нашудани маҳкумшуда, ки ҳудуди маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ)-ро тарк намудааст, нисбати ӯ кофтуков эълон гардида, ӯ бояд дастгир карда шавад.
5. Дар мавриди дастгир намудани маҳкумшудае, ки ҳудуди маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ)-ро бидуни сабабҳои узрнок худсарона тарк намудааст, мақомоти корҳои дохилӣ ӯро ба ҷои адои ҷазо тибқи тартиби муқарраршуда барои ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда мефиристонад. Ҳангоми мавҷуд будани маълумотҳо оиди ашаддӣ саркашӣ намудани маҳкумшуда аз адои ҷазо ба суди маҳалли дастгиршудаи ӯ дар бораи иваз кардани қисми адонашудаи мӯҳлати ҷазои маҳдуд кардани озодӣ ба маҳрум сохтан аз озодӣ пешниҳод фиристонида мешавад.
6. Дастгир ва нигоҳ доштани маҳкумшуда дар ҳолатҳое, ки қисми 3 ҳамин модда пешбинӣ намудааст, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ё маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) бо розигии прокурор ва қарори суд дар мӯҳлати на зиёда аз си шабонарӯз иҷро карда мешавад. Маблағҳое, ки барои ҷустуҷӯ ва дастгир намудани маҳкумшуда сарф мешавад, аз ҳисоби маҳкумшуда ба тариқи судӣ ситонида мешавад. (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №924), (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
 
Моддаи 59. Тартиби истифодаи чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотӣ нисбат ба ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ адо мекунанд
1. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотӣ ба таври хаттӣ татбиқ карда мешаванд.
2. Ҳангоми истифодаи чораҳои муҷозот ҳолатҳои содир намудани қонуншиканӣ, шахсияти маҳкумшуда ва рафтори ӯ то содир намудани кирдор ба инобат гирифта мешавад. Муҷозоти татбиқшаванда бояд ба хусусият ва вазнинии кирдори содирнамудаи маҳкумшуда мувофиқ бошад. Муҷозот дар мӯҳлати на дертар аз даҳ шабонарӯз аз рӯзи ошкор гардидани кирдор ва дар сурате, ки вобаста ба кирдор санҷиш анҷом дода шуда бошад, аз рӯзи хатми он, вале на дертар аз як моҳи баъди содир намудани кирдор татбиқ карда мешавад. Муҷозот, чун қоида, фавран ва дар ҳолатҳои мустасно - дар мӯҳлати на дертар аз як моҳи татбиқ шудани он иҷро карда мешавад.
3. Ба татбиқ намудани чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотии пешбининамудаи ҳамин Кодекс дар ҳаҷми пурра сардори маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) ва шахсе, ки ӯро иваз мекунад, ҳуқуқ доранд. Сардори даста (отряд) ҳуқуқ дорад ба маҳкумшуда раҳматнома эълон кунад.
 
Моддаи 60. Назорат аз болои ашхосе, ки ба ҷазои маҳдуд кардани озодӣ маҳкум шудаанд ва чораҳои пешгирии вайрон кардани тартиби муқарраршудаи адои ҳамин ҷазо
1. Назорат аз болои ашхосе, ки ба ҷазои маҳдуд кардани озодӣ маҳкум шудаанд, аз ҷониби маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) сурат гирифта, аз мушоҳида ва назорат аз болои маҳкумшудагон дар ҷои кор ва маҳалли истиқоматиашон, инчунин дар вақтҳои фориғ аз меҳнат иборат аст. Тартиби татбиқи назоратро санади меъёрию ҳуқуқӣ муайян менамояд.
2. Дар сурати аз ҷониби маҳкумшудагон вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҷиҳати тартиб додани протоколи қонуншиканӣ, таъмини баррасии саҳеҳ ва саривақтии мавод, ҳушёр сохтани маҳкумшуда ва ё фиристодани ӯ ба муассисаҳои дахлдори тиббӣ то ҳалли масъалаи нисбат ба ӯ андешидани чораи муҷозот ӯ ба изолятори (тавқифгоҳи) интизомӣ, вале ба мӯҳлати на бештар аз 24 соат ҷойгир карда шуданаш мумкин аст.
 
Моддаи 61. Таъминоти моддию маишӣ ва тиббиву беҳдории ашхосе, ки ба маҳдуд кардани озодӣ маҳкум шудаанд
1. Ашхоси ба маҳдуд кардани озодӣ маҳкумшуда дар маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) бо шароити зарурии манзилию маишӣ таъмин карда мешаванд. Онҳо дар хобгоҳҳои умумии маркази ислоҳӣ (табъидгоҳҳо), ки барояшон ҷои хоби инфиродӣ ва лавозимоти хоб дода мешавад, ҷойгир кунонида мешаванд. Меъёри майдони истиқоматӣ ба ҳисоби ҳар як маҳкумшуда набояд аз чаҳор метри мураббаъ камтар бошад.
2. Сару либос, либоси таг ва пойафзол аз маблағи худи маҳкумшудагон мустақилона харида мешавад. Озуқавории маҳкумшудагон аз ҷониби маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) ташкил шуда, аз ҳисоби маблағҳои шахсии маҳкумшудагон пардохта мешавад. Ҳангоме, ки маҳкумшудагон бо сабабҳои ба онҳо новобаста маблағ надошта бошанд, онҳо аз ҳисоби давлат, тибқи тартиби инфиродӣ бо озуқа таъмин карда мешаванд.
3. Барои ашхоси ба маҳдуд кардани озодӣ маҳкумшуда ёрии пешгириву муолиҷавӣ ва беҳдориву пешгирӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ва тартиби адои ҷазои муайяннамудаи ҳамин Кодекс расонида мешавад.
4. Барои таъминоти тиббии амбулатории маҳкумшудагон бо қарори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи тиббӣ таъсис дода шуданаш мумкин аст. (ҚҶТ 23.11.15. №1230)
5. Хизматрасонии тиббии беморхонавии маҳкумшудагон аз ҷониби муассисаҳои мақомоти тандурустии маҳалли ҷойгиршавии маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санади меъёрию ҳуқуқии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. (Қ ҶТ аз 08.12.2003с. №55), (ҚҶТ 23.11.15. №1230)
6. Маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъидгоҳ) барои иҷрои талаботи муқарраршудаи беҳдориву беҳдоштӣ ва зиддисироятӣ масъулият дорад.
 
 
Фасли 1V аз Кодекс хориҷ карда шудааст. (Қ ҶТ аз 15.07.2004с. №48)
Моддаи 62. хориҷ карда шудааст. (Қ ҶТ аз 15.07.2004с. №48)
Моддаи 63. хориҷ карда шудааст. (Қ ҶТ аз 15.07.2004с. №48)
Моддаи 64. хориҷ карда шудааст. (Қ ҶТ аз 15.07.2004с. №48)
Моддаи 65. хориҷ карда шудааст. (Қ ҶТ аз 15.07.2004с. №48)
Моддаи 66. хориҷ карда шудааст. (Қ ҶТ аз 15.07.2004с. №48)
Моддаи 67. хориҷ карда шудааст. (Қ ҶТ аз 15.07.2004с. №48)
Моддаи 68. хориҷ карда шудааст. (Қ ҶТ аз 15.07.2004с. №48)
Моддаи 69. хориҷ карда шудааст. (Қ ҶТ аз 15.07.2004с. №48)
ФАСЛИ V
ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲРУМ СОХТАН АЗ ОЗОДӢ
 
БОБИ 9
МУҚАРРАРОТИ УМУМИИ ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ
МАҲРУМ СОХТАН АЗ ОЗОДӢ
 
Моддаи 70. Маҳалли иҷрои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ
Ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, ҷазоро дар маҳалли ҷойгиршавии муассисаҳои дахлдори ислоҳӣ адо мекунанд.
 
Моддаи 71. Намудҳои муассисаҳои ислоҳӣ
1. Муассисаҳои ислоҳӣ – колонияҳои ислоҳӣ, колонияҳои тарбиявӣ, маҳбасҳо, муассисаҳои муолиҷавии ислоҳӣ ба ҳисоб мераванд. Изоляторҳои тафтишотӣ вазифаи муассисаи ислоҳиро нисбат ба маҳкумшудагоне, ки барои ҷиҳати иҷрои кори таъминоти хоҷагӣ мононда шудаанд, анҷом медиҳанд.
2. Колонияҳои ислоҳӣ ва маҳбасҳо барои адои ҷазо нисбати ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд ва ба балоғат расидаанд, муқаррар шудаанд. Колонияҳои ислоҳӣ ба колонияҳои -сукунат, низоми умумӣ, низоми пурзӯр, низоми сахт ва низоми махсус тақсим мешаванд.
3. Дар муассисаҳои муолиҷавии ислоҳӣ ҷазоро маҳкумшудагони дар қисми 1 ва 4 моддаи 24 ҳамин Кодекс зикргардида адо мекунанд. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
4. Дар колонияҳои тарбиявӣ ҷазоро ноболиғоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, инчунин маҳкумшудагоне, ки дар колонияҳои тарбиявӣ то расидан ба синни 20-солагӣ мононда шудаанд, адо мекунанд.
 
Моддаи 72. Муайян кардани намуди муассисаи ислоҳӣ барои аз тарафи маҳкумшудагон адо кардани ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ
Намуди муассисаи ислоҳӣ мутобиқи низоме, ки дар он маҳкумшуда бояд ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо намояд, аз ҷониби суд дар асоси моддаи 58 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
Моддаи 73. Барои адои ҷазо фиристодани ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда
1. Ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, дар мӯҳлати на дертар аз даҳ рӯзи аз ҷониби маъмурияти изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ гирифтани огоҳинома дар мавриди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд барои адои ҷазо фиристода мешаванд. Дар давоми ин мӯҳлат маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд бо хешу ақрабои наздик ё дигар ашхос мулоқоти кӯтоҳмуддат кунанд.
2. Тартиби ба муассисаҳои ислоҳӣ фиристодани маҳкумшудагонро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Кодекс муайян мекунад. (Қ ҶТ аз 08.12.2003с. №55)
3. Нисбати ҳар як шахси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда парвандаи шахсӣ кушода мешавад.
 
Моддаи 74. Аз як ҷой ба ҷои дигар гузаронидани ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда
1. Маҳкумшудагон ба маҳалли адои ҷазо ва аз як маҳалли адои ҷазо ба маҳалли дигар таҳти назорати посбонон бурда мешаванд.
2. Аз ҷое ба ҷое гузаронидани маҳкумшудагон таҳти назорати посбонон, бо риояи қоидаҳои алоҳида нигоҳ доштани онҳо сурат мегирад: мардон алоҳида аз занон, ноболиғон алоҳида аз ашхоси болиғ; ба ҷазои қатл маҳкумшудагон - алоҳида аз категорияҳои дигар; маҳкумшудагони дар шарикӣ ҷиноят содирнамуда - дар алоҳидагӣ.
3. Маҳкумшудагони мубталои касалии сил ё курси пурраи муолиҷаи касалии зӯҳравиро нагирифта, гирифтори вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, инчунин мубталои бемориҳои рӯҳӣ, ки мукаллафиро истисно намекунад, аз як ҷо ба ҷои дигар дар алоҳидагӣ ва ҷудо - ҷудо аз маҳкумшудагони солим ва дар сурати зарурат мутобиқи хулосаи духтур таҳти ҳамроҳии кормандони тиб гузаронида мешаванд. (ҚҶТ 23.11.15. №1230)
4. Ҳангоми аз як ҷо ба ҷои дигар гузаронидани маҳкумшудагон ба онҳо шароити зарурии моддию маишӣ ва беҳдориву беҳдоштӣ таъмин карда мешавад.
5. Ҳангоми аз як ҷо ба ҷои дигар гузаронидани маҳкумшудагон вобаста ба мавсим онҳо бо сару либос, пойафзол, инчунин барои тамоми мӯҳлати сафар тибқи меъёри барои маҳкумшудагон муқарраршуда бо озуқа таъмин карда мешаванд.
6. Тартиби аз як ҷо ба ҷои дигар гузаронидани маҳкумшудагонро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки дар асоси ҳамин Кодекс қабул гардидаанд, ба амал мебарорад. (Қ ҶТ аз 08.12.2003с. №55)
 
Моддаи 75. Муваққатан нигоҳ доштани маҳкумшудагон дар изолятори тафтишотӣ ё маҳбас
1. Ҳангоми зарурати пешбурди ҳаракатҳои тафтишотӣ оид ба парванда дар мавриди ҷинояти содирнамудаи шахси дигар шахси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшудае, ки ҷазоро дар колонияҳои ислоҳӣ ё колонияҳои тарбиявӣ бояд адо кунад, мумкин аст бо иҷозати прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва прокурорҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон ё Сарпрокурори ҳарбӣ ба мӯҳлати то чор моҳ ва бо иҷозатномаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати то шаш моҳ дар изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ ё маҳбас нигоҳ дошта шавад. (ҚҶТ 23.11.15. №1230) (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1360)
2. Ҳангоме, ки маҳкумшуда оид ба дигар парвандаи ҷиноятӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад ва нисбат ба ӯ чораи пешгирӣ дар намуди баҳабсгирӣ интихоб шудааст, мӯҳлати нигоҳ доштани ӯ дар изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
Моддаи 76. Дар муассисаи муолиҷавӣ, изолятори тафтишотӣ ё маҳбас барои корҳои оид ба хизматрасонии хоҷагӣ монондани ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда
1. Ашхоси бори аввал ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда, ки барояшон адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ таъин гардидааст ва инчунин дар ҳолатҳои мустасно ашхоси бори аввал ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ҳафт сол маҳкумшуда, ки барояшон адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низоми пурзӯр таъин гардидааст, бо розигии онҳо дар маҳбас ё муассисаи муолиҷавӣ, изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ барои иҷрои кор оид ба хизматрасонии хоҷагӣ нигоҳ дошта шуданашон мумкин аст. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062)
2. Нигоҳ доштани маҳкумшудагон барои иҷрои чунин корҳо дар асоси фармони сардори муассисаи муолиҷавӣ,изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ ё маҳбас, ва розигии прокурор дар сурати мавҷуд будани розигии хаттии маҳкумшудагон, анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с№732)
3. Маҳкумшудагоне, ки дар муассисаи муолиҷавӣ, изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ ё маҳбас барои иҷрои хизматрасонии хоҷагӣ мононда шудаанд, дар биноҳои муқаррарӣ аз дигар ашхос алоҳида тибқи шартҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс барои колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ муқарраргардида нигоҳ дошта мешаванд.
 
Моддаи 77. Қабули маҳкумшудагон ба муассисаҳои ислоҳӣ
1. Қабули ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда ба муассисаҳои ислоҳӣ аз ҷониби маъмурият тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои ислоҳӣ сурат мегирад.
2. Маҳкумшудагони ба муассисаи ислоҳӣ омада ба мӯҳлати то понздаҳ шабонарӯз дар шӯъбаи карантин ҷойгир карда мешаванд. Ҳангоми дар шӯъбаи карантин буданашон маҳкумшудагон таҳти шароити маъмулии адои ҷазо қарор доранд.
3. Маъмурияти муассисаи ислоҳӣ судеро, ки ҳукм баровардааст, инчунин яке аз аъзои оила ё хешовандони наздики маҳкумшударо бо интихоби ӯ дар мавриди ҷои адои ҷазо фавран огоҳ месозад.
 
Моддаи 78. Алоҳида (ҷудо) нигоҳ доштани маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣ
1. Дар муассисаҳои ислоҳӣ дар алоҳидагӣ нигоҳ доштани занон ва мардон, ноболиғон ва ашхоси болиғ муқаррар шудааст.
2. Ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ бори аввал маҳкумшуда аз маҳкумоне, ки қаблан ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо кардаанд, дар алоҳидагӣ нигоҳ дошта мешаванд. Дар алоҳидагӣ, инчунин ҷудо аз дигарон инҳо нигоҳ дошта мешаванд: маҳкумшудагон ҳангоми ретсидиви махсусан хавфнок; маҳкумшудагоне, ки якумра аз озодӣ маҳрум сохта шудаанд; маҳкумшудагоне, ки барояшон ҷазои қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст. (Қ ҶТ аз 01.03.2005с,№87)
3. Дар муассисаҳои ислоҳии алоҳида маҳкумшудагон- кормандони собиқи судҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нигоҳ дошта мешаванд. Ба ин муассисаҳо инчунин дигар маҳкумшудагон низ фиристода шуданашон мумкин аст.
4. Ноболиғоне, ки барои дар давраи адои ҷазо қасдан ҷиноят содир намуда ва ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, инчунин ба таври мунтазам ё ашаддӣ низоми адои ҷазоро вайрон мекунанд, аз дигар маҳкумшудагон, ки дар колонияҳои тарбиявии низоми пурзӯр мебошанд, ҷудо нигоҳ дошта мешаванд.
5. Талаботи ҷудо нигоҳ доштани маҳкумшудагон, ки ҳамин модда муқаррар намудааст, ба муассисаҳои муолиҷавии ислоҳӣ, инчунин ба муассисаҳои ислоҳӣ, ки дар назди онҳо хонаҳои кӯдакон мавҷуданд, паҳн намегардад. Ашхосе, ки ба муассисаҳои зикргардида фиристода мешаванд, дар шароите, ки қонун барои чунин намуди колонияҳо муқаррар намудааст ва ин колонияҳоро суд таъин намудааст, нигоҳ дошта мешаванд. Тартиби нигоҳ доштани маҳкумшудагон дар онҳо, инчунин дар муассисаҳои муолиҷавӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ 23.11.15. №1230)
6. Маҳкумшудагони мубталои бемориҳои сирояткунанда дар алоҳидагӣ ва ҷудо аз маҳкумшудагони солим нигоҳ дошта мешаванд.
7. Ашхоси мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният аз дигар маҳкумшудагон, ки мубталои дигар бемориҳои сирояткунанда мебошанд, чудо нигоҳ дошта мешаванд. (ҚҶТ 23.11.15. №1230)
8. Шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандии маҳкумшуда мутобиқи асосҳои умумӣ нигоҳ дошта мешаванд.
 
Моддаи 79. Аз тарафи маҳкумшудагон адо кардани тамоми мӯҳлати ҷазо дар як муассисаи ислоҳӣ
1. Ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда, чун қоида, бояд тамоми мӯҳлати ҷазоро дар як колонияи ислоҳӣ, маҳбас ё колонияҳои тарбиявӣ адо кунанд.
2. Барои адои минбаъдаи ҷазо аз як колония ба колонияи дигари дорои чунин низом ё аз як маҳбас ба маҳбаси дигар гузаронидан танҳо дар сурати беморӣ ё барои таъмини амнияти ӯ, ҳангоми таъсис ё барҳам додани муассисаи ислоҳӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳои мустасно, ки барои минбаъд дар ҳамин муассиса нигоҳ доштани маҳкумшуда халал мерасонад, иҷозат дода мешавад. Тартиби гузаронидани маҳкумшудагонро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
 
Моддаи 80. Иваз кардани намуди муассисаи ислоҳӣ
1. Вобаста ба рафтор ва муносибати маҳкумшудагон ба меҳнат онҳо аз як намуди муассисаи ислоҳӣ ба намуди дигар гузаронида шуданашон мумкин аст.
2. Маҳкумшудагоне, ки рафторашон мусбӣ арзьёбӣ гардидааст, мумкин аст барои адои минбаъдаи ҷазо ба таври зайл гузаронида шаванд:
а) аз маҳбас ба колонияи ислоҳӣ - баъди дар маҳбас аз тарафи маҳкумшуда адо намудани на камтар аз нисфи мӯҳлати ҷазое, ки бо ҳукми суд таъин гардидааст;
б) аз колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ, низоми пурзӯр ва низоми сахт ба колонияҳои ислоҳии сукунат - баъди адо намудани сеяки мӯҳлати ҷазо аз тарафи маҳкумшуда; маҳкумшудагоне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин ё қаблан шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ озод шудаанд ва дар давраи қисми адонанамудаи ҷазо ҷинояти нав содир намудаанд - баъди адо намудани на камтар аз се ду ҳиссаи мӯҳлати ҷазо.
3. Ба колонияҳои ислоҳии сукунат инҳо гузаронида намешаванд:
а) ашхосе, ки дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок ҷиноят содир намуда маҳкум шудаанд;
б) маҳкумшудагоне, ки барояшон ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин гардидааст ё ҷазои қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо бо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст; (Қ ҶТ аз 01.03.2005с,№87)
в) маҳкумшудагоне, ки курсҳои табобати ҳатмиро нагузаштаанд, инчунин бояд дар муассисаҳои навъи пӯшидаи тиббӣ табобати махсус гиранд;
г) маҳкумшудагоне, ки барои гузаронидан ба колонияи ислоҳи сукунат ризояти хаттӣ надодаанд.
4. Маҳкумшудагоне, ки вайронкунандаи ашадии тартиби муқарраршудаи адои ҷазо мебошанд ба ин муассисаҳо гузаронида шуданашон мумкин аст:
а) аз колонияҳои ислоҳии сукунат ба колонияи ислоҳии ҳамон хели низоме, ки қаблан суд муайян карда буд;
б) аз колонияҳои ислоҳии сукунат, ки ба он ҷо бо ҳукми суд фиристода шуда буданд ба колонияи ислоҳии низоми умумӣ;
в) аз колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ, низоми пурзӯр, низоми сахт ва низоми махсус ба маҳбас ба мӯҳлати на бештар аз се сол, ба истиснои занҳо бо адои мӯҳлати боқимондаи ҷазо дар колонияи ислоҳии ҳамон намуди низоме, ки аз он ҷо онҳо ба маҳбас фиристода шуда буданд.
5. Тағйир додани (иваз кардани) намуди муассисаи ислоҳӣ бо аризаи шахси маҳкумшуда ё бо пешниҳоди сардори муассиса ва розигии прокурор аз ҷониби суд ба амал бароварда мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1360)
6. Агар суд аризаи маҳкумшуда ё пешниҳоди сардори муассисаи ислоҳиро дар хусуси гузаронидани маҳкумшуда аз маҳбас ба колонияҳои ислоҳӣ ва аз колонияҳои ислоҳӣ ба колонияи ислоҳии сукунат рад намояд, баррасии такрории ариза ё пешниҳод оид ба ҳамин масъала баъди гузаштани 6 (шаш) моҳ аз рӯзи қабули қарор дар бораи рад кардани ариза ё пешниҳод имконпазир аст. (ҚҶТ аз 29.12.10с, №648).
 
Моддаи 81. Аз муассисаи ислоҳӣ ба изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ ё маҳбас гузаронидани маҳкумшуда
Аз муассисаи ислоҳӣ ба изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ ё маҳбас гузаронидани маҳкумшуда дар ҳолати зайл иҷозат дода мешавад:
а) ҳангоми баррасии парванда, бо таъиноти суд дар давоми дида баромадани ҳамин парванда;
б) ҳангоми гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ оиди парвандаи ҷиноятӣ нисбати дигар шахси ҷиноят содирнамуда, тибқи иҷозати прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурори вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон ва Сарпрокурори ҳарбӣ ба мӯҳлати то чор моҳ ва бо иҷозатномаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати то шаш моҳ. (ҚҶТ 23.11.15. №1230) (ҚҶТ аз 18.07.17с.№1444)
 
 
БОБИ 10
НИЗОМ ДАР МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲӢ ВА ВОСИТАҲОИ ТАЪМИНИ ОН
 
Моддаи 82. Низом дар муассисаҳои ислоҳӣ ва талаботҳои асосии он
1. Низом дар муассисаҳои ислоҳӣ - ин тартиби иҷро ва адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ мебошад, ки аз тарафи қонун ва дигар санади меъёрии ба қонун мувофиқ буда муқаррар шудаанд ва онҳо ҳифз ва ҷудо нигоҳ доштани маҳкумшудагон; назорати доимии онҳо; иҷрои ӯҳдадории ба зиммаи маҳкумшудагон гузошташуда; татбиқи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, амнияти маҳкумшудагон ва кормандон; алоҳида нигоҳ доштани категорияҳои гуногуни маҳкумшудагон; шароитҳои гуногуни нигоҳ доштанро вобаста ба хели муассисаи ислоҳӣ, ки суд таъин кардааст ва тағйир додани шароити адои ҷазоро таъмин мекунанд.
2. Низом дар муассисаи ислоҳӣ барои истифода бурдани дигар воситаҳои ислоҳкунии маҳкумшудагон шароит фароҳам месозад.
3. Дар муассисаҳои ислоҳӣ Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои ислоҳӣ, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, амал мекунад.
4. Дар муассисаҳои ислоҳӣ маҳкумшудагон либоси намунаи ягона мепӯшанд. Намунаи либосро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
5. Маҳкумшудагон, сару либос ва пойафзоли онҳо, биное, ки истиқомат мекунанд, таҳти кофтуков ва азназаргузаронӣ қарор дода шуданашон мумкин аст. Кофтукови шахсӣ аз ҷониби ашхоси ҳамҷинс сурат мегирад. Кофтукови биноҳои истиқоматӣ дар ҳузури маҳкумшудагон дар ҳолатҳои таъхирнопазир гузаронида мешавад.
6. Бо мақсади таъмини тартиботи зарурии иҷро ва адои ҷазо ба маҳкумшудагон нигаҳдошт ва истифодаи пул, коғазҳои қиматнок ва ашёҳои қиматнок инчунин асбобу анҷоми дар Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои ислоҳӣ зикргардида иҷозат дода намешавад.
7. Пул, қоғазҳои қиматнок ва дигар ашёҳои қиматноке, ки аз маҳкумшудагон ёфта ва гирифта шудаанд, мутобиқи Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои ислоҳотӣ аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ то озод шудани маҳкумшуда бидуни ҳуқуқи истифодабарӣ ва ихтиёрдории онҳо дар вақти адои ҷазо нигоҳ дошта мешаванд. Ашё ва моддаҳои манъшудае, ки аз маҳкумшудагон гирифта шуданд, барои нигоҳдорӣ супорида мешаванд ё бо қарори сардори муассисаи ислоҳӣ нобуд карда, дар ин бора санади дахлдор тартиб дода мешавад.
8. Ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки бо ташкилотҳои суғурта шартномаи суғурта банданд, инчунин маблағҳои дар ҳисобномаҳои муассисаи ислоҳӣ доштаашонро ба ҳисобномаҳои дар шӯъбаи бонки маҳаллӣ кушодаашон гузаронанд.
9. Нигоҳдошти пул, қоғазҳои қиматнок ва ашёҳои қиматноки маҳкумшудагон, ки тибқи тартиби муқарраршуда ба даст овардаанд, аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ таъмин гардида, ҳангоми озод шудан аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ ба онҳо баргардонида мешавад.
10. Дар ҳолатҳои зарурӣ маъмурияти муассисаи ислоҳӣ ҳуқуқ дорад азназаргузаронии ашхос, молу мулки онҳо, воситаҳои нақлиётеро, ки дар ҳудуди муассисаи ислоҳӣ ё дар қаламрави атрофи он мавҷуданд ва дар он талаботи низомӣ амал мекунад, анҷом диҳад, инчунинашёҳои манъшударо, ки номгӯи онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи ислоҳӣ муқаррар менамоянд, кашида гирад.
11. Тартиби анҷом додани кофтуков ва азназаргузарониро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 83. Тартиботи дохилӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ
1. Дар муассисаҳои ислоҳӣ тартиби қатъии танзимшудаи дохилӣ муқаррар карда мешавад, ки инҳоро пешбинӣ менамояд: тартиби қабули маҳкумшудагон ба муассисаҳои ислоҳӣ; қоидаҳои рафтори маҳкумшудагон ҳангоми кор, истироҳат, муолиҷаи тиббӣ, таҳсил; номгӯи тадбирҳои тарбиявӣ, инчунин он корҳо ва вазифаҳое, ки дар онҳо истифодаи маҳкумшудагон манъ аст; номгуй ва шумораи асбобу анҷом ва ашёҳое, ки маҳкумшудагон бо худ дошта метавонанд; тартиби кашида гирифтани асбобу анҷомҳое, ки истифодаашон манъ аст; қоидаҳои анҷом додани санҷиш, мулоқот, қабул ва супоридани фиристаҳо, дастовез, баста ва муросилот ба маҳкумшудагон, номгӯи озуқаворӣ ва маводҳои мавриди ниёз ки барои ба маҳкумшудагон фурӯхтан иҷозат дода мешавад.
2. Тартиботи дохилӣ бо фармони сардори муассисаи ислоҳӣ ба ҳамаи маҳкумшудагон эълон карда, дастхати онҳо дар ин хусус гирифта мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с.№732), (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1036)
 
Моддаи 84. Воситаҳои назорати техникӣ
1. Маъмурияти муассисаи ислоҳӣ ҷиҳати пешгирии фирори маҳкумшудагон ва дигар ҷиноятҳо, вайронкунии тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо ва бо мақсади гирифтани маълумоти зарурӣ оид ба рафтори маҳкумшудагон ҳуқуқ дорад аз воситаҳои назорати аудиовизуалӣ, электронӣ ва дигар воситаҳои назорати техникӣ истифода барад.
2. Маъмурияти муассисаҳои ислоҳӣ вазифадор аст таҳти имзои маҳкумшудагон онҳоро дар мавриди истифодаи воситаҳои назорати техникӣ, ки ҳамзамон вазифаи муҳофизатро анҷом медиҳад ва аз кор баровардани онҳо боиси хавф ба ҳаёт ва саломатии маҳкумшудагон гардида метавонад, огоҳ созад.
3. Номгӯи воситаҳои назорати техникӣ ва тартиби истифодаи онро санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
 
Моддаи 85. Фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ
1. Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои ислоҳӣ фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ ба амал бароварда мешавад, ки вазифаҳои он иборат аст аз: таъмини амнияти маҳкумшудагон, кормандони муассисаи ислоҳӣ ва дигар ашхос; ошкор, пешгирӣ ва фош кардани тайёрӣ ба ҷиноят ва ҷиноятҳои дар муассисаҳои ислоҳӣ содиршуда ва вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо; тибқи тартиби муқарраршуда ҷустуҷӯ намудани маҳкумшудагоне, ки аз муассисаи ислоҳӣ фирор кардаанд, инчунин маҳкумшудагоне, ки аз адои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ саркашӣ мекунанд; мусоидат дар ошкор ва фош кардани ҷинояте, ки маҳкумшуда то омадан ба муассисаи ислоҳӣ содир намудааст.
2. Фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби дастгохи оперативию ҷустуҷӯии муассисаи ислоҳӣ, инчунин дигар мақомот дар доираи салоҳияташон анҷом дода мешавад.
 
Моддаи 86. Низоми шароитҳои махсус дар муассисаҳои ислоҳӣ
1 .Ҳангоми офатҳои табиӣ, дар минтақаи ҷойгиршавии муассисаи ислоҳӣ ҷорӣ кардани ҳолати фавқулодда, махсус ё ҳолати ҳарбӣ, ҳангоми бетартибиҳои оммавӣ,гурӯҳона итоат накардани маҳкумшудагон, инчунин ҳангоми аз берун сар задани таҳдиди воқеъии ҳуҷуми мусаллаҳона ба муассисаи ислоҳӣ низоми шароитҳои махсус ҷорӣ карда шуданаш мумкин аст.
2. Дар давраи амали низоми шароитҳои махсус дар муассисаи ислоҳӣ татбиқи баъзе ҳуқуқҳои маҳкумшудагон, ки моддаҳои 89-99 ҳамин Кодекс пешбинӣ намудаанд мумкин аст боз дошта шуда, тариқи қавии (пурзӯр) муҳофизат ва назорат, тартиби махсуси ворид шудан ба иншоот (объектҳо) ҷорӣ карда ва тартиби рӯз тағьир дода шавад, фаъолияти хадамоти истеҳсолӣ, коммуналӣ-маишӣ, маданӣ-маърифатӣ, тиббиву беҳдорӣ ва дигар хадамот маҳдуд ё боздошта шавад.
3. Низоми шароитҳои махсус бо амри Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати то сӣ шабонарӯз ҷорӣ карда мешавад. Дар ҳолатҳои мустасно мутобиқи асосҳои муайяннамудаи қисми 1 ҳамин модда мӯҳлати амали низоми шароитҳои махсус аз ҷониби ашхоси мансабдори зикргардида иловагӣ ба сӣ шабонарӯз дароз шуданаш мумкин аст. (Қ ҶТ аз 08.12.2003с. №55), (Қ ҶТ аз 8.12.03с, №55).
4. Дар сурати ба миён омадани хавфи бевосита ба ҳаёт ва саломатии маҳкумшудагон, кормандон ё дигар ашхос дар муассисаҳои ислоҳӣ сардори муассисаи ислоҳӣ метавонад мустақилона, бо огоҳонии фаврии шахси мансабдоре, ки барои қабули чунин қарор ваколатдор аст, чораҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин моддаро ҷорӣ намояд. Дар чунин ҳолат шахси мансабдори дар қисми 3 ҳамин модда зикргардида дар давоми се шабонарӯз аз лаҳзаи гирифтани огоҳинома оиди ҷорӣ намудани низоми шароитҳои махсус ё бекор кардани чораҳои андешидашуда қарор қабул мекунад. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
 
Моддаи 87. Чораҳои амниятӣ ва асосҳои татбиқи онҳо
1. Нисбат ба ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда, агар онҳо ба кормандони муассисаҳои ислоҳӣ муқобилият нишон диҳанд, аз иҷрои талаботи қонунии онҳо ашаддӣ саркашӣ намоянд, тундхӯӣ зоҳир намоянд, дар бетартибиҳои оммавӣ, ғасби гаравгон иштирок кунанд, ба шаҳрвандон ҳуҷум оваранд ва ё дигар ҳаракати барои ҷомеа хавфнокро содир кунанд, инчунин ҳангоми фирор ё дастгир кардани маҳкумшудагони аз муассисаи ислоҳӣ фирорнамуда бо мақсади пешгирии чунин кирдорҳои ғайриқонунӣ, инчунин рафъи расонидани зарар аз ҷониби ин ашхос ба атрофиён ва ё ба худ, истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳ иҷозат дода мешавад.
2. Қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад. (ҚҶТ аз 22.07.13,№979)
 
БОБИ 11
ШАРОИТҲОИ АДОИ ҶАЗО ДАР МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲӢ
 
Моддаи 88. Шароитҳои адои ҷазо барои ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда
1. Дар доираи як муассисаи ислоҳӣ шароити адои ҷазо ба маҳкумшудагон метавонад вобаста ба рафтори онҳо ва муносибаташон ба меҳнат тағйир дода шавад. Ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшудагон дар шароити муқаррарӣ ва беҳбудгардонидашудаи адои ҷазо, ки навъи низоми ҳамин муассисаи ислоҳӣ пешбинӣ намудааст, қарор дошта метавонанд.
2. Тағйир додани шароити адои ҷазо боиси ҳамзамон фароҳам овардани шароити беҳбудгардонидашудаи нигаҳдошти пешбининамудаи моддаҳои 128, 130, 132, 134, 140 ва 141 ҳамин Кодекс шуда ҳамзамон бекор кардани ҳамаи шароитҳои беҳбудгардондашудаи нигаҳдошт дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 120 ҳамин Кодекс мегардад.
3. Аз як шароит ба шароити дигар гузаронидани маҳкумшудагон бо қарори комиссияи муассисаи ислоҳӣ анҷом дода мешавад. Комиссияи муассисаи ислоҳӣ инчунин масъалаи аз низоми умумӣ ба низоми сахт ва аз низоми сахт ба низоми умумӣ гузаронидани маҳкумшудагонро, ки дар маҳбас мебошанд, низ ҳал мекунад.
4. Дар сурате, ки агар маҳкумшуда оиди бекор кардани шароитҳои беҳбудгардонидашудаи нигоҳдошт ва ё ба гузаронидан ба низоми сахт дар маҳбас розӣ набошад, ӯ метавонад тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз болои қарори комиссия ба прокурор ва ё суд шикоят намояд. (ҚҶТ аз 28.06.11с№732)
 
Моддаи 89. Аз ҷониби ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда харидорӣ намудани озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз
1. Ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки бидуни маҳдудият тибқи ҳисобу китоби ғайринақдӣ бо маблағи дар ҳисобномаи шахсӣ доштаашон, аз он ҷумла аз ҳисоби нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёзро харидорӣ кунанд.
2. Номгӯӣ озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз, ки фурӯши онҳо ба маҳкумшудагон манъ аст, тибқи Коидаҳои тартиботи дохилии муассисаи ислоҳӣ муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 90. Аз ҷониби ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда ба даст овардани адабиёт ва асбобҳои хатнависӣ
1. Ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки дар фиристаҳо, дастовезҳо ва баста адабиёт ва асбобҳои хатнависиро гиранд, бидуни маҳдудият аз нуқтаҳои савдо онро бо маблағи хеш харидорӣ кунанд, ба рӯзномаву маҷаллаҳо обуна шаванд.
2. Ба маҳкумшудагон гирифтан, харидан, нигоҳ доштан ва паҳн намудани нашрияҳое, ки ҷанг, барафрӯхтани низои миллӣ ва динӣ, парастиши зӯроварӣ ё бераҳмиро тарғиб менамоянд, нашрияҳои дорои хусусияти порнографӣ, инчунин обунаи онҳо манъ карда мешавад.
 
Моддаи 91. Мулоқоти ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда
1. Ба маҳкумшудагон мулоқот иҷозат дода мешавад: кӯтоҳмуддат - бо давомнокии чор соат ва дарозмуддат дар ҳудуди муассисаи ислоҳӣ ва ё берун аз он - вобаста ба рафтори маҳкумшуда бо давомнокии то се шабонарӯз. Пешниҳоди мулоқот дар муассисаҳои муолиҷавӣ бо тавсияи духтур танҳо ба намуди кӯтоҳмуддати давомнокиаш то 2 соат мувофиқи тартиби адои ҷазо муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1036)
2. Мулоқоти кӯтоҳмуддат бо хешу ақрабо ё дигар ашхос дар ҳузури намояндаи муассисаи ислоҳӣ дода мешавад. Мулоқоти дарозмуддат бо ҳуқуқи зиндагии якҷоя бо хешу ақрабои наздик дода мешавад.
3. Дар сурати бемории вазнини маҳкумшуда, ки ҳаёти ӯ зери хавф мебошад, сардори муассисаи ислоҳӣ хешу ақрабои наздики ӯро огоҳ намуда, барои боздиди онҳо шароит фароҳам меорад.
4. Бо хоҳиши маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки мулоқоти дарозмуддат ба мулоқоти кӯтоҳмуддат иваз карда шавад. Тартиб ва ҷои мулоқот, инчунин иваз намудани як намуди мулоқот ба намуди дигар тибқи Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи ислоҳӣ муқаррар карда мешавад.
5. Барои гирифтани кӯмаки ҳуқуқӣ бо адвокат тибқи аризаи маҳкумшудагон мулоқот фароҳам оварда мешавад. Мувофиқи хоҳиши маҳкумшуда ва ашхоси зикргардида ин мулоқот дар танҳоӣ сурат мегирад.
 
Моддаи 92. Гуфтугӯи телефонии ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда
1. Ба маҳкумшудагон барои гуфтугӯи телефонӣ аз нуқтаи телефонии дар ҳуҷраи алоҳида муайянкардаи маъмурияти муассисаи ислоҳӣ иҷозат дода мешавад. Гуфтугӯи телефонӣ аз ҳисоби шахсии маҳкумшуда ё хешу ақрабои наздики ӯ пардохта мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с№732)
2. Ба маҳкумшудагоне, ки чораи муҷозотиро дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ ё интизомӣ, биноҳои навъи камера ва камераҳои яккаса адо мекунанд, ба гуфтугӯи телефонӣ дар ҳолатҳои мустаснои шахсӣ иҷозат дода мешавад.
3. Гуфтугӯҳои телефонӣ байни маҳкумшудагоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ мебошанд, манъ аст.
4. Гуфтугӯҳои телефонии маҳкумшудагон аз ҷониби кормандони муассисаи ислоҳӣ назорат карда мешавад.
 
Моддаи 93. Аз ҷониби ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда гирифтани фириста, дастовез ва баста
1. Миқдори фириста, дастовез ва бастае, ки маҳкумшудагон мегиранд, бемаҳдуд аст.
2. Маводи доруворӣ ва маснуоти таъиноти тиббӣ дошта, ки маҳкумшудагон тибқи хулосаи тиббӣ мегиранд, ба қисми тиббии муассисаи ислоҳӣ барои муолиҷаи ҳамин маҳкумшудагон супурда мешаванд.
3. Фириста, дастовез ва бастаҳо аз назар гузаронида мешаванд.
4. Тартиби қабул ва супурдани фириста, дастовез ва баста, инчунин номгӯиашёҳое, ки гирифтанашон барои маҳкумшудагон манъ аст, тибқи Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои ислоҳӣ муқаррар карда мешаванд.
5. Бо иҷозати маъмурияти муассисаи ислоҳӣ маҳкумшудагон метавонанд фириста ва баста фиристанд.
 
Моддаи 94. Гирифтан ва фиристодани муросилоти пулӣ аз ҷониби ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда
1. Ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда ҳуқуқ доранд муросилоти пулӣ гиранд, инчунин ба хешовандони наздик ва бо иҷозати маъмурияти муассисаи ислоҳӣ инчунин ба дигар ашхос пул ирсол намоянд.
2. Маблағҳои пулии расида ба ҳисобномаи шахсии маҳкумшуда гузаронида мешаванд.
 
Моддаи 95. Мукотибаи ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда
1. Ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки аз ҳисоби худ бе маҳдудияти миқдор мактуб ва барқия гиранд ё фиристанд.
2. Мукотиботи фиристода ё гирифташаванда таҳти назорат (сензура) қарор дода мешавад.
3. Мукотиба байни маҳкумшудагоне, ки дар маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд ва хешованд нестанд, бо иҷозати маъмурияти муассисаи ислоҳӣ сурат мегирад.
4. Супурдани мактубҳои ба номи маҳкумшуда расида, инчунин фиристодани онҳо тибқи суроға аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ дар муддати на дертар аз се рӯзи дохил шудани он ба муассисаи ислоҳӣ ё супурдани он аз тарафи маҳкумшуда анҷом дода мешавад. Супоридани барқия ба маҳкумшудагон аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ фавран анҷом дода мешавад.
 
Моддаи 96. Тамошои кинофилмҳо, намоишҳои телевизион ва шунидани барномаҳои радио аз ҷониби ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд
1. Барои ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда на камтар аз як маротиба дар як ҳафта кинофилмҳо намоиш дода мешавад. Намоиши кинофилмҳо ба маҳкумоне, ки ҷазоро дар маҳбас адо мекунанд, маҳбусоне, ки ба изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ, биноҳои навъи камера ва камераҳои яккаса гузаронида шудаанд, манъ мебошад.
2. Ба маҳкумшудагон, ба истиснои онҳое, ки ба изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ, биноҳои навъи камера ва камераҳои яккаса гузаронида шудаанд, дар соатҳои фориғ аз кор, ба истиснои вақте, ки тибқи тартиби рӯз барои истироҳати шабона ҷудо гардидааст, тамошои барномаҳои телевизион иҷозат дода мешавад.
3. Маҳкумшудагон ё гурӯҳи маҳкумшудагон метавонанд аз ҳисоби маблағҳои шахсӣ аз нуқтаҳои савдо телевизор ва радио харанд ё аз хешу ақрабо ва дигар ашхос онро ба даст оранд. Ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки дар соатҳои фориғ аз кор, ба истиснои вақте, ки тибқи тартиби рӯз барои истироҳати шабона ҷудо карда шудааст, барномаҳои радиоро шунаванд. Биноҳои истиқоматӣ, утоқҳои корҳои тарбиявӣ, утоқҳои истироҳатӣ, биноҳои корӣ, камераҳои изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ, биноҳои навъи камера, камераҳои яккаса аз ҳисоби маблағҳои муассиса бо нуқтаҳои радиошунавонӣ ҷиҳозонида мешаванд.
 
Моддаи 97. Гаштугузори ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда
1. Маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар биноҳои қулфшаванда, изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ, изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) интизомӣ, биноҳои навъи камера ва камераҳои яккаса адо мекунанд, агар онҳо дар фазои кушод кор накунанд, ба гаштугузоре, ки давомнокии онро моддаҳои 123, 134, 136 ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, ҳуқуқ доранд.
2. Гаштугузори маҳкумшудагон мувофиқи ҳар як камера алоҳида, рӯзона, дар қисми махсус муҷаҳҳазгардонидашудаи муассисаи ислоҳӣ анҷом дода мешавад. Гаштугузор дар сурати аз ҷониби маҳкумшуда вайрон кардани қоидаҳои муайяншуда пеш аз мӯҳлат қатъ гардиданаш мумкин аст.
 
Моддаи 98. Сафари маҳкумшудагон берун аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ
1. Ба маҳкумшудагоне, ки дар колонияҳои ислоҳӣ ва колонияҳои тарбиявӣ нигоҳ дошта мешаванд, инчунин барои корҳои хизматрасонии хоҷагӣ дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ ва маҳбасҳо мононда шудаанд, ба истиснои маҳкумшудагони дар моддаи 100 ҳамин Кодекс зикргардида, мумкин аст сафарҳои зерин берун аз муассисаи ислоҳӣ иҷозат дода шавад:
а) сафарҳои кӯтоҳмуддат ба мӯҳлати на бештар аз 7 шабонарӯз, бидуни дарназардошти вақте, ки барои рафту омад (на бештар аз се шабонарӯз) зарур аст, вобаста ба ҳолатҳои мустаснои шахсӣ: фавт ё бемории вазнини хешу ақрабои наздик, ки ба ҳаёти бемор таҳдид мекунад, офати табиӣ, ки ба маҳкумшуда ва аҳли оилаи ӯ зиёни назарраси моддӣ расонидааст, инчунин барои ҳаллу фасли пешакии масъалаҳои таъминоти меҳнатию маишии баъди озодшавӣ;
б) сафарҳои дарозмуддат дар мавриди рухсатии пардохтшаванда нисбати маҳкумшудагони дар қисми 2 моддаи 107 ҳамин Кодекс зикргардида ё ин ки маҳкумшудагони бо сабабҳои узрнок ба кор таъминнабуда бошад, ба мӯҳлати баробари рухсатии пардохтшавандаи ҳарсола. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
2. Сафарҳои кӯтоҳмуддат берун аз маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба занони маҳкумшуда, ки дар хонаҳои кӯдакони назди муассисаҳои ислоҳӣ фарзанд доранд, барои дар назди хешовандон, сарпарастон (васиён) ё хонаҳои кӯдакон ҷойгир намудани онҳо ба мӯҳлати на бештар аз ҳафт шабонарӯз, бидуни дарназардошти вақти барои роҳ зарурӣ ва ба заноне, ки кӯдакони ноболиғи маъюб доранд барои мулоқот бо онҳо - як сафари кӯтоҳмуддат дар давоми сол ба ҳамон мӯҳлат иҷозат дода шуданаш мумкин аст.
3. Ба маҳкумшудагони ноболиғ сафар бо ҳамроҳии хешовандон ё дигар шахси ҳамроҳикунанда иҷозат дода мешавад.
4. Аризаи маҳкумшуда дар мавриди сафари фаврӣ вобаста ба ҳолатҳои мустаснои шахсӣ бояд дар мӯҳлати як шабонарӯз баррасӣ карда шавад.
5. Иҷозати сафари кӯтоҳмуддат аз ҷониби сардори муассисаи ислоҳӣ, бо дарназардошти хусусият ва вазнинии ҷинояти содирнамуда, мӯҳлати адои ҷазо, шахсияти маҳкумшуда ва рафтори ӯ бо розигии прокурор дода мешавад. Рад кардани иҷозати сафари кӯтоҳмуддат бояд асоснок карда шавад. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1360)
6. Мӯҳлати берун аз муассисаи ислоҳӣ қарор доштани маҳкумшуда ба мӯҳлати адои ҷазо ба ҳисоб гирифта мешавад.
7. Хароҷоти сафари маҳкумшуда шахсан аз ҷониби ӯ ё аз ҳисоби хешовандони ӯ пардохта мешавад. Ҳангоми берун аз ҳудуди муассисаи ислоҳӣ қарор доштани маҳкумшуда ба ӯ музди меҳнат дода намешавад.
8. Тартиби ба маҳкумшудагон фароҳам овардани сафарҳои берун аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ мутобиқи Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои ислоҳӣ муайян карда мешавад.
9. Дар сурати ба миён омадани ҳолатҳои ғайричашмдошт, ки дар мӯҳлати муайян баргаштани маҳкумшударо душвор мегардонад, бо қарори асоснокшудаи сардори мақомоти корҳои дохилии маҳалли исти маҳкумшуда, бо фавран огоҳонии ҳатмии маъмурияти муассисаи ислоҳӣ мӯҳлати бозгашт ба муассисаи ислоҳӣ то панҷ шабонарӯз дароз карда шуданаш мумкин аст.
10. Ҳангоми дар мӯҳлати муайяншуда аз баргаштан ба муассисаи ислоҳӣ саркашӣ кардани маҳкумшуда ӯ бояд аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии маҳалли зисташ бо розигии прокурор ва қарори суд ба мӯҳлати на бештар аз сӣ шабонарӯз ҷиҳати ҳалли масъала оиди таҳти назорати посбонон ба маҳалли адои ҷазо фиристодан ё ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан дастгир карда шавад. (ҚҶТаз 28.06.11с№732)
11. Сафари маҳкумшуда ба қаламрави давлати дигар мувофиқи тартибот ва дар ҳолатҳое, ки мутобиқи шартномаҳо бо давлатҳои дахлдор пешбинӣ шудааст, иҷозат дода мешавад.
 
Моддаи 99. Шарт ва тартиби аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардани ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда бидуни назорати посбонон ва шахси ҳамроҳикунанда
1. Дар колонияҳои ислоҳӣ ба маҳкумшудагоне, ки қатъӣ ба роҳи ислоҳ ворид шудаанд, инчунин ба маҳкумшудагоне, ки барои кор ҷиҳати хизматрасонии хоҷагӣ дар муассисаи муолиҷавӣ, изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ ё маҳбас мононда шудаанд, баъди адои на камтар аз сеяки мӯҳлати ҷазо иҷозати аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардан берун аз ҳудуди муассисаи ислоҳӣ бидуни назорати посбонон ва шахси ҳамроҳикунанда дода шуданаш мумкин аст, агар ин вобаста ба хусусияти иҷрои кори маҳкумшуда зарур бошад. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1036)
2. Ба маҳкумшудагоне, ки дар колонияҳои тарбиявӣ нигоҳ дошта мешаванд ва онҳо қатъӣ ба роҳи ислоҳ ворид шудаанд ва мӯҳлати на камтар аз шаш моҳи маҳрум сохтан аз озодиро адо кардаанд, мумкин аст барои аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардан берун аз ҳудуди колония бидуни назорати посбонон ва шахси ҳамроҳикунанда иҷозат дода шавад, агар ин вобаста ба хусусияти иҷрои кори маҳкумшуда зарур бошад.
3. Ҳуқуқи бидуни посбонон ё бидуни ҳамроҳикунандагон аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардани маҳкумшудагон берун аз ҳудуди муассисаи ислоҳӣ бо қарори асосноки сардори муассисаи ислоҳӣ дода мешавад.
4. Маҳкумшудагоне, ки барои аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардан бидуни посбонон ё шахси ҳамроҳикунанда ҳуқуқ доранд, бояд дар биноҳои алоҳидаи истиқоматӣ ҷойгир карда шаванд. Ба онҳо иҷозат дода шуданаш мумкин аст, ки дар хобгоҳҳои умумии берун аз ҳудуди муассисаи ислоҳӣ, вале дар қаламрави муқаррарнамудаи маъмурияти муассисаи ислоҳӣ, ки бо мақоми худидораи маҳаллӣ мувофиқа шудааст, истиқомат кунанд.
5. Қоидаҳои рафтори маҳкумшудагоне, ки барояшон ҳуқуқи аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардан берун аз ҳудуди муассисаи ислоҳӣ бидуни посбонон ё шахси ҳамроҳикунанда дода шудааст, тибқи Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои ислоҳӣ муайян карда мешаванд.
6. Дар сурати аз ҷониби маҳкумшудагон вайрон кардани низом, қоидаҳои рафтор ё ҳангоми тағйир ёфтани хусусияти коре, ки маҳкумшуда анҷом медиҳад, аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардан бидуни посбонон ё шахси ҳамроҳикунанда бо фармони сардори муассисаи ислоҳӣ бекор карда мешавад.
 
Моддаи 100. Манъи аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардан бидуни посбонон ё шахси ҳамроҳикунанда барои категорияҳои алоҳидаи маҳкумшудагон
1. Аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардан бидуни посбонон ё ҳамроҳикунандагон берун аз муассисаи ислоҳӣ ба инҳо иҷозат дода намешавад:
а) ба маҳкумшудагоне, ки дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок ҷиноят содир намудаанд;
б) ба маҳкумшудагоне, ки ҷазо дар намуди якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин гардидааст ё қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст; (Қ ҶТ аз 01.03.2005с,№87)
в) ба маҳкумшудагоне, ки дар давраи адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ҷинояти қасдона содир намудаанд ва ё қаблан ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ барои ҷиноятҳои қасдона адо карда боз ҷинояти қасдона содир кардаанд;
г) ба маҳкумшудагоне, ки аз ҳуқуқи аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат карданро бидуни посбонон ё бидуни ҳамроҳикунандагон истифода намуда, вале вобаста ба қонуншиканиҳои содирнамудаашон аз он маҳрум карда шудаанд;
д) ба ашхосе, ки барои ҷинояти махсусан вазнин маҳкум шудаанд;
е) ба маҳкумшудагоне, ки муҷозоти беэътибор донистанашуда ё адокарданашуда доранд;
ж) ба маҳкумшудагоне, ки курсҳои пурраи муолиҷаро аз майзадагӣ, нашъамандӣ, токсикоманӣ, касалии сил ва касалиҳои зӯҳравӣ нагузаштаанд;
з) маҳкумони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният; (ҚҶТ 23.11.15. №1230)
и) маҳкумони мукаллафи маҳдуд эътирофшуда.
2. Аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардани маҳкумшудагон бидуни посбонон, ё шахси ҳамроҳикунанда дар шаҳри Душанбе, маҳаллаҳои курортӣ ва минтақаҳои сарҳадӣ, инчунин маҳалҳои аҳолинишин, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, манъ мебошад. (Қ ҶТ аз 08.12.2003с. №55)
 
Моддаи 101. Хусусиятҳои адои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ аз ҷониби занони ҳомила ва заноне, ки фарзанд доранд
1. Дар назди колонияҳои ислоҳӣ дар сурати зарурат хонаҳои кӯдакон таъсис дода шуданаш мумкин аст. Дар хонаҳои кӯдакон барои зисту зиндагӣ ва рушди мӯътадили кӯдакон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Занони маҳкумшуда ҳақ доранд фарзандони худро то синни сесолагӣ ба хонаҳои кӯдакон ҷойгир кунанд, дар вақтҳои фориғ аз кор бидуни маҳдудият бо онҳо бошанд. Ба занони маҳкумшуда мумкин аст зиндагии якҷоя бо кӯдакашон иҷозат дода шавад.
2. Фарзандони занони маҳкумшуда бо розигии модар ба хешовандон ё бо розигии модар ва тибқи қарори мақомоти васӣ ва парасторӣ мумкин аст ба дигар ашхос супурда шаванд ё бо расидан ба синни сесолагӣ ба муассисаҳои дахлдори кӯдакон фиристода шаванд.
3. Агар мӯҳлати адонакардаи ҷазои модари фарзанде, ки ба синни сесолагӣ расидааст аз як сол зиёд набошад ва ӯ вазифаи модарии худро софдилона ба ҷо орад, пас мӯҳлати исти кӯдак дар хонаи кӯдакон аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ мумкин аст то озод шудани модар дароз карда шавад. Дар сурати аз тарафи модар вайрон кардани низоми нигоҳдорӣ қарор оиди дароз кардани мӯҳлати исти кӯдак дар хонаи кӯдакон мумкин аст бекор карда шавад.
4. Занони ҳомила то таваллуд, ҳангоми таваллуд ва давраи баъди таваллуд ба ёрии махсусгардонидашуда ҳуқуқ доранд.
 
Моддаи 102. Зиндагии занони маҳкумшуда берун аз колония
1. Ба занони маҳкумшуда, ки нисбат ба меҳнат софдилона муносибат менамоянд ва низомро риоя мекунанд, тибқи қарори асосноки сардори муассисаи ислоҳӣ, барои зист берун аз ҳудуди муассисаи ислоҳӣ дар вақтҳои озод будан аз кор бо сабаби ҳомила ё таваллуд, инчунин то ба синни сесолагӣ расидани кӯдак иҷозат дода шуданаш мумкин аст.
2. Занони маҳкумшуда, ки барояшон иҷозати зиндагӣ берун аз ҳудуди муассисаи ислоҳӣ дода шудааст:
а) дар наздикии қаламрави колония зиндагӣ карда, таҳти назорати доимии маъмурияти муассисаи ислоҳӣ қарор мегиранд;
б) бо худ пул ва ашёи қиматнок дошта бошанд, онро метавонанд бе маҳдудият истифода баранд;
в) метавонанд бе маҳдудият мактуб фиристанд, муросилоти пулӣ гиранд, мулоқот гузаронанд, фириста, дастовез ва баста гиранд;
г) дар соатҳои баъд аз хоб хестан то вақти хоб дар ҳудуде, ки қаламрави онро сардори муассисаи ислоҳӣ муайян мекунад, ҳуқуқи озодона аз як ҷой ба ҷойи дигар ҳаракат карданро доранд.
3. Дар сурати мунтазам ё ашадӣ вайрон кардани низом ё қоидаҳои рафтор тибқи қарори асосноки сардори муассисаи ислоҳӣ ҳуқуқи зиндагии берун аз ҳудуди муассисаи ислоҳӣ бекор карда шуда, маҳкумшуда ҷиҳати адои минбаъдаи ҷазо ба колония гузаронида мешавад.
 
Моддаи 103. Суғуртаи иҷтимоии ҳатмии давлатӣ ва таъмини нафақаи ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда
1. Ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда, ки ба меҳнат ҷалб карда шудаанд, бояд ба суғуртаи ҳатмии давлатӣ фаро гирифта шуда, занон бошанд ба ғайр аз ин вобаста ба ҳомила ва таваллуд дар асосҳои умумӣ бо ёрдампулиҳо таъмин карда шаванд.
2. Ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда дар асосҳои умумӣ ба таъминоти нафақаи давлатӣ вобаста ба пиронсолӣ, маъюбӣ, аз даст додани сарпараст ва дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла дар ҳолатҳое, ки қобилияти меҳнатиашонро дар давраи адои ҷазо аз даст додаанд ҳуқуқ доранд.
3. Пардохти нафақа ба маҳкумшудагон аз ҷониби мақомоти таъминоти иҷтимоии маҳалли ҷойгиршавии муассисаи ислоҳӣ бо роҳи гузаронидани нафақа ба ҳисобномаи шахсии маҳкумшудагон анҷом дода мешавад.
4. Аз нафақаи маҳкумшудагон маблағ нигоҳ дошта мешавад. Асосҳо, намуд ва тартиби нигоҳ доштани маблағ аз нафақа тибқи моддаи 111 ҳамин Кодекс муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 104. Таъминоти моддӣ-маишии ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда
1. Барои ашхосе, ки ҷазоро дар маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ адо мекунанд, шароити зарурии манзилию-маишӣ, ки ба қоидаҳои санитарӣ ва гигиена мувофиқанд, фароҳам оварда мешаванд. Меъёри майдони истиқоматӣ ба ҳисоби ҳар як нафари ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда дар колонияҳои ислоҳӣ аз ду метри мураббаъ, дар маҳбасҳо - аз дуним метри мураббаъ, дар колонияҳои барои занон таъингардида - аз се метри мураббаъ ва дар колонияҳои тарбиявӣ - аз сеюним метри мураббаъ, дар муассисаҳои муолиҷавии ислоҳӣ - аз се метри мураббаъ ва дар муассисаҳои муолиҷавӣ-профилактикӣ аз панҷ метри мураббаъ набояд камтар бошад.
2. Ба маҳкумшудагон ҷои инфиродии хоб ва лавозимоти хоб (бистар) дода мешавад. Онҳо вобаста ба мавсим бо дарназардошти синну сол, ҷинс ва шароити иқлимӣ бо сару либос, либоси таг ва пойафзол таъмин карда мешаванд.
3. Маҳкумшудагон он миқдори озуқавориеро мегиранд, ки фаъолияти мӯътадили вуҷуди инсонро таъмин мекунад. Меъёри озуқаворӣ вобаста ба вазъи саломатӣ, синну сол, шароити иқлимӣ, мавқеи ҷойгиршавии муассисаи ислоҳӣ, хусусият ва вазнинии кори анҷоммедодаи маҳкумшудагон тафриқабандӣ (дифференсатсия ) карда мешавад. Аз ҳисоби маблағҳои муассисае, ки маҳкумшударо ба кор ҷалб кардааст, ба онҳо озуқавории иловагӣ зиёда аз меъёри муқарраршуда ташкил карда шуданаш мумкин аст. Маҳкумшудагоне, ки ба ҳолатҳои аз онҳо вобаста набуда музди меҳнат надоранд, инчунин ба дигар асосҳо дар ҳисобномаҳои шахсӣ маблағ надоранд, аз ҳисоби бучети давлат бо хӯрока ва маводи мавриди ниёзи аввалия таъмин карда мешаванд.
4. Маҳкумшудагони ба балоғатрасидаи қобили меҳнат, ки музди меҳнат мегиранд ва маҳкумшудагони нафақагир арзиши озуқаворӣ, либос ва хизматрасонии коммуналӣ-маиширо ба истиснои арзиши озуқаи махсус ва либоси махсус, мепардозанд. Аз маҳкумшудагоне, ки аз кор саркашӣ мекунанд, ин хароҷот аз маблағе, ки дар ҳисобномаҳои шахсии онҳо ҳаст нигоҳ дошта мешавад. Пардохти арзиши озуқаворӣ, либос ва хизмати коммуналӣ-маишӣ ҳар моҳ дар доираи хароҷоти воқеие, ки ҳамон моҳ ҷой дошт, анҷом дода мешавад.
5. Маҳкумшудагоне, ки вобаста ба беморӣ аз кор озод шудаанд, занони ҳомила ва модари фарзанди синамак дошта дар давраи аз кор озод карда шуданашон бо озуқаворӣ ройгон таъмин карда мешаванд. Ба маҳкумшудагони ноболиғ ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, мардони бекори аз синни 63- сола боло ва занони аз синни 58 боло озуқаворӣ ва сару либос ройгон дода мешавад.
6. Ба занони ҳомила, занони синамакон, ноболиғон, инчунин беморон ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II шароитҳои беҳбудгардонидашудаи манзилию-маишӣ фароҳам оварда шуда, меъёри зиёдкардашудаи озуқа муқаррар мегардад.
7. Меъёри озуқаворӣ ва дигар таъминоти моддию маишии ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
8. Занони маҳкумшуда, ки фарзандонашон дар хонаҳои кӯдакони назди муассисаи ислоҳӣ мебошанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба нигоҳубини кӯдак ба гирифтани кӯмакпулӣ ҳуқуқ доранд.
 
Моддаи 105. Таъминоти тиббиву беҳдории ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда
1. Ёрии пешгириву табобатӣ ва беҳдориву пешгирӣ ба маҳкумшудагон дар маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ мутобиқи Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои ислоҳӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешавад.
2. Барои хизматрасонии тиббии маҳкумшудагон муассисаҳои пешгириву табобатӣ (шифохона, беморхонаҳои махсуси психиатрӣ ва сил, қисмҳои тиббӣ) ва барои таъминот ва муолиҷаи амбулатории маҳкумшудагоне, ки бемории сил, майзадагӣ, нашъамандӣ, беморони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният - муассисаҳои ислоҳии тиббӣ ташкил карда мешаванд. (ҚҶТ 23.11.15. №1230)
3. Маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд ҷиҳати машварат ва муолиҷа ба соҳаҳои хизматрасонии пулакии тиббӣ муроҷиат кунанд. Пардохти чунин хизматрасониҳо ва харидории дорувории зарурӣ аз ҷониби худи маҳкумшудагон ё хешовандони онҳо аз ҳисоби маблағи худашон анҷом дода мешавад. Дар чунин ҳолат машварат ва муолиҷа дар қисмҳои тиббиву беҳдории маҳалли адои ҷазо таҳти назорати кормандони тиббиву беҳдории қисм сурат мегирад.
4. Маъмурияти маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ вазифадор аст талаботи зарурии беҳдориву беҳдоштӣ ва зиддисироятиро, ки ҳифзи саломатии маҳкумшудагонро таъмин менамояд, ба ҷо орад. Ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда бошанд вазифадоранд талаботи беҳдоштӣ ва беҳдории нисбат ба онҳо пешниҳодшударо иҷро кунанд.
5. Дар сурати аз қабули хӯрока ва доруворӣ тибқи таъиноти духтур саркашӣ намудани маҳкумшуда ва ба миён омадани таҳдид ба ҳаёти ӯ тибқи нишондодҳои тиббӣ ӯро ба истеъмоли хӯрока ва доруворӣ маҷбур кардан мумкин аст. (ҚҶТ 23.11.15. №1230)
6. Тартиби ба ашхоси аз озодӣ маҳрумшуда расонидани ёрии тиббӣ, ташкил ва гузаронидани назорати беҳдорӣ, истифодаи муассисаҳои пешгириву табобатӣ ва беҳдорию пешгирии мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва барои ин мақсад ҷалб намудани кормандони тиб аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (Қ ҶТ аз 08.12.2003с. №55), (ҚҶТ 23.11.15. №1230)
 
Моддаи 106. Ҷавобгарии моддии ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда
1. Ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда барои ҳангоми адои ҷазо расонидани зарари моддӣ ба давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ масъулияти моддиро ба ӯҳда доранд:
а) барои зараре, ки маҳкумшудагон ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ расонидаанд – дар ҳаҷми муқаррарнамудаи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) барои зараре, ки бо кирдори дигар аз ҷониби маҳкумшудагон расонида шудааст, дар ҳаҷми муқаррарнамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон .
2. Маҳкумшудагон вазифадоранд зарари ба муассисаи ислоҳӣ расонидаашон, инчунин хароҷоти иловагиро вобаста ба пешгирии фирори ӯ, инчунин вобаста ба муолиҷаи ӯ дар сурати қасдан расонидани зарар ба саломатии хеш пардохт кунанд.
 3. Рӯёнидани товони зарари моддӣ, ки маҳкумшуда ҳангоми адои ҷазо дар маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ расонидааст ва аз пардохти ихтиёрии он саркашӣ менамояд, бо аризаи даъвогии сардори муассисаи ислоҳӣ ё прокурор аз ҷониби суд баррасӣ карда мешавад.(ҚҶТаз 28.06.11с№732)
4. Аз болои қарори сардори муассисаи ислоҳӣ ба сардори болоӣ ё суд шикоят кардан мумкин аст.
5. Сардори болоӣ ҳуқуқ дорад ҳаҷми маблағи ситонидашавандаро тағйир диҳад ё қарорро дар мавриди ситонидани зарар вобаста ба мавчуд набудани гуноҳи маҳкумшуда бекор кунад.
6. Маблағе, ки барои расонидани зарари моддӣ нодуруст ситонида шудааст, бояд ба маҳкумшуда баргардонида шавад ва он ба ҳисобномаи шахсии ӯ гузаронида мешавад.
7. Баъди аз ҷазо озод шудан маҳкумшуда зарари ҳангоми адои ҷазо пардохтнакардаи ӯ бо қарори суд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ситонда мешавад.
 
БОБИ 12
МЕҲНАТ, ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ ВА ОМОДАГИИ КАСБИИ АШХОСИ БА
МАҲРУМ СОХТАН АЗ ОЗОДӢ МАҲКУМШУДА
 
Моддаи 107. Ба меҳнат ҷалб намудани ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда
1. Ҳар як шахси ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда ӯҳдадор аст дар маҳал ва дар коре, ки маъмурияти муассисаи ислоҳӣ муайян намудааст, меҳнат кунад. Маъмурияти муассисаи ислоҳӣ маҳкумшудагонро ба меҳнат дар корхонаҳои муассисаи ислоҳӣ, корхонаҳои давлатӣ ва дигар корхонаҳои шакли гуногуни моликият бо шарти таъмини амнияти дахлдор ва алоҳида нигоҳ доштани онҳо, бо дарназардошти ҷинс, синну сол, қобилияти меҳнатӣ, вазъи саломатӣ ва ҳадалимкон бо дарназардошти тахассуси онҳо, ҷалб менамояд. Ба маҳкумшудагон дар сурати набудани корҳои дигар барои машғул шудан ба фаъолияти инфиродии меҳнатӣ иҷозат дода шуданаш мумкин аст.
2. Ба маҳкумшудагони мард, ки синнашон болотар аз 63 сола, занони синнашон болотар аз 58 сола, маъюбони гурӯҳҳои I ва II, заноне, ки дар хонаҳои кӯдакони назди муассисаҳои ислоҳӣ фарзанд доранд, бо хоҳиши онҳо мувофиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи иҷтимоии мъюбон иҷозати кор дода мешавад. Ашхоси ноболиғ тибқи қонунгузории меҳнат ба кор ҷалб карда мешаванд.
 3. Меҳнати маҳкумшудагон, ки ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро дар маҳбас адо мекунанд, танҳо дар ҳудуди маҳбас анҷом дода мешавад.
4. Номгӯи кор ва вазифаҳое, ки дар он истифодаи меҳнати маҳкумшудагон манъ мебошад, тибқи Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи ислоҳӣ муқаррар карда мешавад.
5. Фаъолияти истеҳсолию хоҷагии муассисаҳои ислоҳӣ бояд ба вазифаи асосии онҳо-ислоҳи маҳкумшудагон равона карда шавад.
6. Маҳкумшудагон ҳуқуқ надоранд, бо мақсади ҳалли мухолифати меҳнатӣ ё дигар ихтилофот корро қатъ кунанд. Қатъи кор ҳамчун вайрон кардани низоми адои ҷазо ҳисоб гардида, боиси масъулияти пешбининамудаи ҳамин Кодекс мегардад.
 
Моддаи 108. Шароити меҳнати ашхоси ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда
1. Давомнокии вақти корӣ, қоидаҳои муҳофизати меҳнат, техникаи бехатарӣ ва беҳдории истеҳсолӣ нисбати ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда тибқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Вақти оғоз ва анҷоми кор (баст) тибқи ҷадвали бастӣ, ки аз тарафи маъмурияти муассисаи ислоҳӣ бо маъмурияти корхонаи ҷои кори маҳкумшуда мувофиқ шудааст, муайян карда мешавад. Тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории меҳнат онҳо дар рӯзҳои ид аз кор озод карда мешаванд.
2. Дар иҷрои баъзе навъи корҳо, ки вобаста ба шароити истеҳсолӣ риояи давомнокии вақти кории ҳаррӯза ё ҳарҳафтаина номумкин аст, мутобиқи қонунгузории меҳнат баҳисобгирии маҷмӯии вақти корӣ, ба истиснои муассисаи тарбиявӣ, роҳ дода мешавад. Давомнокии вақти корӣ ба ҳисоби миёна дар давраи баҳисобгирӣ набояд аз ҳашт соат дар як рӯз зиёд бошад.
3. Ҳангоми зарурати дар рӯзҳои истироҳат ва ид ба кор ҷалб намудани маҳкумшудагон ба онҳо дар рӯзҳои дигар, бо фармони сардори муассисаи ислоҳӣ дар тӯли моҳ рӯзи истироҳат фароҳам оварда мешавад.
4. Маҳкумшудагони коркунанда ба рухсатии пардохтшавандаи ҳарсола ҳуқуқ доранд: бо давомнокии ҳаждаҳ рӯзи корӣ барои онҳое, ки маҳрумӣ аз озодиро дар колонияҳои тарбиявӣ адо мекунанд; бо давомнокии дувоздаҳ рӯзи корӣ барои онҳое, ки маҳрумӣ аз озодиро дар дигар муассисаҳои ислоҳӣ адо мекунанд. Рухсатии нишондодашуда бо берун шудан аз ҳудуди муассисаи ислоҳӣ ё бидуни он мутобиқи моддаи 98 ҳамин Кодекс дода мешавад. Вақти нигоҳ доштани маҳкумшуда дар бинои навъи камера ва камераи яккаса ба мӯҳлате, ки барои додани рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда зарур аст, ба ҳисоб гирифта намешавад.
5. Мӯҳлати ҷалби маҳкумшудагон ба меҳнати пардохтшаванда ба собиқаи умумии кори онҳо ба ҳисоб гирифта мешавад. Баҳисобгирии вақти корӣ ба зиммаи маъмурияти муассисаи ислоҳӣ буда, оид ба натиҷаи соли тақвимӣ анҷом дода мешавад.
6. Ҳангоми ба таври мунтазам аз иҷрои кор саркашӣ намудани маҳкумшуда давраи дахлдор бо қарори маъмурияти муассисаи ислоҳӣ аз собиқаи умумии кор берун карда мешавад. Қарори маъмурияти муассисаи ислоҳиро маҳкумшуда метавонад ба суд шикоят кунад.
 
Моддаи 109. Пардохти музди меҳнати ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда
1. Меҳнати ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда мутобиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
2. Пардохти музди меҳнати маҳкумшудагон, ки меъёри вақти кории моҳонаро пурра иҷро кардаанд ва андозаи муайянкардаи меҳнатро ба ҷо овардаанд, аз андозаи муқарраршудаи маоши ҳадди ақал набояд кам бошад.
 
Моддаи 110. Ҷалби ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда ба корҳо бе пардохти музди меҳнат
1. Маҳкумшудагонро ба кори бе пардохти музди меҳнат танҳо ҷиҳати ободонии маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ ва атрофи он, ба истиснои иншоотҳои ҳифзкунанда, инчунин ба корҳои ёрирасон ҷиҳати беҳбуд бахшидани шароити маданию маишии маҳкумшудагон ва таъминоти муассисаҳои ислоҳӣ бо озуқаворӣ, ҷалб кардан мумкин аст. Корҳои зикргардида, чун қоида бо навбат, дар соатҳои фориғ аз кор анҷом дода шуда, давомнокии он набояд аз шонздаҳ соат дар як моҳ бештар бошад. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062)
2. Барои кор ҷиҳати барқарорсозии иншоотҳои ҳифзкунанда маҳкумшудагон танҳо дар сурати хароб гардидани иншоотҳои ҳифзкунанда ҳангоми офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда ҷалб шуданашон мумкин аст.
 
Моддаи 111. Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат ва дигар даромади ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда
1. Аз музди меҳнат, нафақа ва дигар даромади маҳкумшудагон ҷиҳати ҷуброни хароҷоти таъминоти онҳо мутобиқи қисми 4 моддаи 104 ҳамин Кодекс нигоҳ доштани маблағ анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
2. Аз ҷониби маҳкумшудагон ҷуброни хароҷоти таъминоти онҳо пас аз нигоҳ доштани алимент, андоз аз даромад, маблағгузаронӣ ба фонди иҷтимоӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ сурат мегирад. Нигоҳ доштани маблағ вобаста ба варақаҳои иҷрокунӣ ва дигар асноди иҷроия аз маблағи боқимонда тибқи тартиби пешбининамудаи Кодекси мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
3. Дар муассисаҳои ислоҳӣ ба ҳисобномаи шахсии маҳкумшудагон, сарфи назар аз ҳар гуна нигоҳ доштани маблағ, на камтар аз 25 фоиз, ба ҳисобномаи мардони аз 63 сола боло ва занони аз 58 сола боло, маъюбони гурӯҳи I ва II, ноболигон, занони ҳомила, заноне, ки дар хонаҳои кӯдакони назди муассисаҳои ислоҳӣ фарзанд доранд - на камтар аз 50 фоизи музди меҳнат, нафақа ва дигар даромадҳои ба онҳо пардохташуда бояд гузаронида шавад.
 4. Ба занони маҳкумшуда, ки мутобиқи моддаи 102 ҳамин Кодекс барояшон истиқомати берун аз ҳудуди колония иҷозат дода шудааст, сарфи назар аз ҳар гуна нигоҳ доштани маблағ, бояд на камтар аз 50 фоизи маблағи умумии музди меҳнат пардохта шавад.
 
Моддаи 112. Талаботи низом дар корхонаҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва иншооти истеҳсолии дигар вазорату идораҳо
1. Дар корхонаҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва иншоотҳои истеҳсолии дигар вазорату идораҳо истифодаи меҳнати кормандони кироя, ки мустақиман ба кори маҳкумшудагон роҳбарӣ мекунанд, инчунин коргарони баландихтисоси кироя, вале на бештар 15 фоиз аз шумораи маҳкумшудагони коркунанда ҷалб шуданашон мумкин аст.
2. Ашхосе, ки якҷоя бо маҳкумшудагон кор мекунанд, вазифадоранд тартиби муносибат бо онҳоро, ки маъмурияти муассисаи ислоҳӣ муайян кардааст, риоя намоянд. Дар сурати вайрон кардани ин тартибот маъмурияти муассисаи ислоҳӣ ҳуқуқ дорад рафтуомади ин ашхосро ба иншооти истеҳсолие, ки дар он маҳкумшудагон кор мекунанд, манъ намояд.
3. Ба маҳкумшудагон додани ашё, озуқаворӣ, пул ва дигар асбобу анҷоме, ки истифодаи онҳо дар муассисаи ислоҳӣ манъ шудааст, роҳ дода намешавад. Гунаҳкорони чунин кирдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
4. Дар ҳолатҳои зарурӣ маъмурияти муассиса ҳуқуқ дорад иншооти истеҳсолӣ, ки дар он маҳкумшудагон кор мекунанд, инчунин ашё ва сару либоси ашхосеро, ки ба ин иншооти истехсолӣ ворид ё аз он берун мешаванд, кофтуков кунад.
 
Моддаи 113. Таҳсилоти касбӣ ва омодагии касбии ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда
1. Дар муассисаҳои ислоҳӣ таълими ҳатмии ибтидоии касбӣ ё омодагии касбии маҳкумшудагон, ки барои кор дар муассисаи ислоҳӣ ва баъди озод шудан аз он ихтисоси (касб) зарурӣ надоранд ташкил карда мешавад.
2. Маъюбони гурӯҳи I ва II, мардони болотар аз синни 63-сола ва занони болотар аз синни 58 мувофиқи хоҳишашон омодагии дахлдори касбӣ гирифта метавонанд.
3. Муносибати маҳкумшудагон барои гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва омодагии касбӣ ҳангоми муайян намудани дараҷаи ислоҳшавӣ ба инобат гирифта мешавад.
4. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва омодагии касбии маҳкумшудагон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. (Қ ҶТ аз 08.12.2003с. №55), (Қ ҶТ аз 15.07.2004с,№48), (ҚҶТ 23.11.15. №1230)
5. Маҳбусоне, ки ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтанро адо мекунанд, омодагии касбиро бевосита дар истеҳсолот мегиранд. (Қ ҶТ аз 01.03.2005с,№87)
БОБИ 13
ТАЪСИРРАСОНИИ ТАРБИЯВӢ БА АШХОСЕ, КИ БА МАҲРУМ СОХТАН
АЗ ОЗОДӢ МАҲКУМ ШУДААНД
 
Моддаи 114. Корҳои тарбиявӣ бо ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд
1. Бо ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо мекунанд, маъмурияти муассисаи ислоҳӣ якҷоя бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, хайрия ва динӣ корҳои тарбиявӣ мегузаронанд, ки мақсади он ислоҳи маҳкумшудагон, ташаккул ва таҳкими саъю кӯшиши маҳкумшудагон нисбати машғул шудан ба фаъолияти самарабахши ҷамъиятӣ, муносибати самимона нисбат ба инсон, ҷамъият, меҳнат, риояи талаботи қонун ва дигар қоидаҳои рафтори дар ҷамъият қабул шуда ва анъанаҳо, рушди сатҳи маънавӣ ва фарҳангии онҳо мебошад.
2 .Иштироки маҳкумшудагон дар чорабиниҳои тарбиявӣ ҳавасманд гардонида шуда, ҳангоми муайян намудани дараҷаи ислоҳ шуданашон ва андешидани чораҳои ҳавасмандгардонию муҷозотӣ ба инобат гирифта мешавад.
3. Тибқи тартиби рӯзи муассисаи ислоҳӣ мумкин аст чорабиниҳои тарбиявӣ пешбинӣ гардад, ки дар он иштироки маҳкумшудагон ҳатмӣ мебошад.
4. Корҳои тарбиявӣ бо маҳкумшудагон бо дарназардошти хусусияти инфиродии шахс ва характери маҳкумшуда ва ҳолатҳои содир намудани ҷиноят гузаронида мешавад.
 
Моддаи 115. Ташкил, шаклҳои асосӣ ва усули корҳои тарбиявӣ бо ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда
1. Дар муассисаҳои ислоҳӣ тарбияи маънавӣ, ҳуқуқӣ, меҳнатӣ, ҷисмонӣ ва дигар навъи тарбияи маҳкумшудагон, ки барои ноил гардидан ба мақсади ислоҳи маҳкумшудагон мусоидат менамояд, ба амал бароварда мешавад.
2. Корҳои тарбиявӣ бо маҳкумшудагон дар шаклҳои инфиродӣ, гурӯҳӣ ва оммавӣ, дар асоси усулҳои равоншиносӣ (психологӣ), педагогӣ гузаронида мешавад ва онҳо ба таври тафриқавӣ (дифферентсиявӣ) бо дарназардошти намуди муассисаи ислоҳӣ ва низоми дар он муайянгардида, мӯҳлати ҷазо ва шароити нигаҳдошт ташкил карда мешавад.
3. Корҳои инфиродӣ дар асоси омӯзиши шахсияти ҳар як маҳкумшуда, бо дарназардошти ҷинояти содирнамудаи ӯ, синну сол, вазъи рӯҳӣ, таҳсилот, касб ва дигар хусусиятҳои маҳкумшуда гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
4. Барои гузаронидани корҳои тарбиявӣ бо маҳкумшудагон матбуоти даврӣ, радио, телевизион, тамошои кино истифода бурда шуда, корҳои китобдорӣ ташкил карда мешавад.
 
Моддаи 116. Ташкилотҳои худфаъолияти ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда
1. Дар муассисаҳои ислоҳӣ ташкилотҳои худфаъолияти маҳкумшудагоне, ки таҳти назорати маъмурияти муассисаи ислоҳӣ кор мекунад, таъсис дода мешавад.
2. Иштироки маҳкумшудагон дар кори ташкилотҳои худфаъолият ҳавасманд гардонида шуда, ҳангоми муайян кардани дараҷаи ислоҳ ба инобат гирифта мешавад.
3. Вазифаҳои асосии ташкилотҳои худфаъолият иборатанд аз: расонидани кӯмак дар худтарбиякунии маҳкумшудагон; рушди маънавӣ, касбӣ ва ҷисмонии онҳо; рушди ташаббуси самарабахш, ва расонидани таъсири мусбат ба ислоҳи маҳкумшудагон; иштирок дар ҳалли масъалаҳои ташкили меҳнат, корҳои маишӣ ва фароғати маҳкумшудагон; мусоидат ба маъмурият дар нигоҳ доштани тартибу интизом, ташаккули муносибатҳои солим байни маҳкумшудагон; расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ба маҳкумшудагон ва оилаҳои онҳо. Дар назди ташкилотҳои худфаъолият инчунин вазифаҳои дигар, ки хилофи мақсад, тартиб ва шартҳои иҷрои ҷазо намебошанд, гузошта шуданашон мумкин аст.
4. Аъзои ташкилотҳои худфаъолияти маҳкумшудагон аз имтиёзҳои иловагӣ истифода намебаранд. Ташкилотҳои худфаъолияти маҳкумшудагон ва аъзои онҳо салоҳияти маъмурияти муассисаи ислоҳиро дошта наметавонанд.
5. Тартиби таъсис ва фаъолияти ташкилотҳои худфаъолияти маҳкумшудагонро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (Қ ҶТ аз 08.12.2003с. №55)
6. Дар муассисаҳои ислоҳӣ аз ҳисоби маҳкумшудагоне, ки худро мусбат нишон додаанд, шӯрои коллективи муассисаҳои ислоҳӣ ва шӯроҳои отрядҳо таъсис дода мешавад. Дар муассисаҳои ислоҳӣ, мумкин аст инчунин дигар ташкилотҳои худфаъолияти маҳкумшудагон, ки фаъолияташон барои ҳалли масъалаҳои дар қисми 3 ҳамин модда зикргардида равона шудааст, таъсис дода шавад. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
7. Дар маҳбасҳо ва дар байни маҳкумшудагоне, ки дар биноҳои навъи камера нигоҳ дошта мешаванд, ташкилотҳои худфаъолиятӣ таъсис дода намешаванд.
 
Моддаи 117. Ташкили гирифтани таҳсилоти умумӣ аз ҷониби ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда
1. Дар муассисаҳои ислоҳӣ аз ҷониби ашхосе, ки ҳанӯз ба синни сисолагӣ нарасидаанд, ҳатман соҳиб шудан ба таҳсилоти умумии асосӣ (нӯҳсола) ташкил карда мешавад. Ба маҳкумшудагоне, ки мехоҳанд таҳсилро ҷиҳати соҳиб шудан ба таҳсилоти миёнаи умумӣ идома диҳанд, аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ ва мақомоти дахлдори худидораи маҳаллӣ шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
2. Маҳкумшудагони аз синни сисола боло, маъюбони гурӯҳи I ва II таҳсилоти умумии асосӣ (нӯҳсола) ё таҳсилоти миёнаи умумиро бо хоҳиши худ соҳиб мешаванд.
3. Барои супоридани имтиҳон маҳкумшудагон мутобиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кор озод карда мешаванд.
4. Кӯшиши маҳкумшудагон барои соҳиб шудан ба таҳсилот аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ ҳавасманд гардонида шуда, ҳангоми ҳалли масъалаҳои гузаронидан ба шароити беҳбудгардонидашуда, иваз кардани қисми адонанамудаи ҷазо ба намуди ҷазои нисбатан сабуктар ва шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан ба инобат гирифта мешавад.
5. Ҳайатҳои омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ба маъмурияти муассисаҳои ислоҳӣ дар кори тарбиявии маҳкумшудагон кӯмак мерасонанд.
6. Ташкили кор оиди соҳиб шудани маҳкумшудагон ба таҳсилоти умумии асосӣ (нӯҳсола) ва миёнаи умумӣ, таъсис, азнавсозӣ ва барҳам додани муасисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ (мактабҳо ва нуқтаҳои таълимию машваратӣ) тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. (Қ ҶТ аз 08.12.2003с. №55), (Қ ҶТ аз 23.11.2015. №1230), (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
 
 
Моддаи 118. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ нисбат ба ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд
1. Барои рафтори шоиста, муносибати софдилона ба меҳнат ва таълим, иштироки фаъолона дар кори ташкилотҳои худфаъолият ва чорабиниҳои тарбиявӣ нисбат ба маҳкумшудагон чораҳои зайли ҳавасмандгардонӣ мумкин аст истифода бурда шаванд:
а) раҳматнома;
б) сарфароз намудан бо тӯҳфа;
в) мукофотпулӣ;
г) додани мулоқоти иловагии кӯтоҳмуддат ё дарозмуддат;
д) пеш аз мӯҳлат бардоштани муҷозоти қаблан гузошташуда;
е) дар колонияи ислоҳии низоми махсус ба биноҳои истиқоматии муқаррарӣ дар худи ҳамон колония гузаронидани маҳкумшудагоне, ки на камтар аз сеяки мӯҳлати ҷазоро дар биноҳои навъи камера адо кардаанд;
ж) зиёд кардани давомнокии гаштугузор то дуюним соат дар як рӯз ба мӯҳлати то як моҳ, нисбати маҳкумшудагоне, ки дар колонияҳои низоми махсус ва маҳбас нигоҳ дошта мешаванд.
2. Нисбат ба маҳкумшудагоне, ки дар колонияҳои ислоҳии сукунат ҷазоро адо мекунанд, мумкин аст чораи ҳавасмандгардонӣ дар намуди иҷозати гузаронидани рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои ид берун аз ҳудуди колония дода шавад.
3. Нисбат ба маҳкумшудагоне, ки рафторашон мусбӣ арзёбӣ шудааст, инчунин чораҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 80 ҳамин Кодекс истифода шуданаш мумкин аст. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
4. Маҳкумшудагоне, ки ислоҳ гардидани худро нишон додаанд, барои пеш аз мӯҳлат шартан аз адои ҷазо озод кардан ё барои ивази қисми адонакардаи ҷазо ба намуди ҷазои нисбатан сабуктар пешниҳод шуданашон мумкин аст.
5. Нисбат ба маҳкумшудагоне, ки рафторашон мусбӣ арзёбӣ шудааст, мумкин аст шафоатнома оид ба бахшиши ҷазо пешниҳод карда шавад.
 
Моддаи 119. Тартиби истифодаи чораҳои ҳавасмандгардонӣ нисбат ба маҳкумшудагон
1. Ҳавасмандгардонӣ дар намуди раҳматнома шифоҳӣ ё хаттӣ, дигар намуди ҳавасмандгардонӣ бошад танҳо хаттӣ эълон карда мешавад.
2. Мукофоти пулии маҳкумшуда ба ҳисобномаи шахсии ӯ гузаронида мешавад.
3. Нисбат ба маҳкумшудагоне, ки дар маҳбаси дорои низоми сахт нигоҳ дошта мешаванд, ҳавасмандгардонӣ дар намуди иҷозати мулоқот истифода бурда намешавад. Ба маҳкумшудагоне, ки дар маҳбаси дорои низоми умумӣ нигоҳ дошта мешаванд, тибқи тартиби ҳавасмандгардонӣ мумкин аст танҳо барои мулоқоти кӯтоҳмуддат иҷозат дода шавад.
4. Ҳавасмандгардонӣ дар намуди пеш аз мӯҳлат бардоштани муҷозоти қаблан гузошташуда на барвақттар аз адои мӯҳлати шаш моҳи муҷозот, ки дар моддаи 120 ҳамин Кодекс зикр гардидааст, иҷозат дода мешавад. Мувофиқи тартиби ҳавасмандгардонӣ ч  ун қоида пеш аз мӯҳлат як муҷозоти қаблан ба маҳкумшуда додашуда бекор карда мешавад.
5. Гузаронидани маҳкумшуда дар колонияҳои ислоҳии низоми махсус аз биноҳои навъи камера ба биноҳои истиқоматии маъмулӣ дар ҳамон колония бо қарори сардори колония мутобиқи хулосаи комиссияи муассисаи ислоҳӣ анҷом дода мешавад.
 
Моддаи 120. Чораҳои муҷозотӣ нисбат ба ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд.
1. Барои вайрон кардани тартиби муқарраршудаи адои ҷазо нисбат ба маҳкумшудагон чораҳои зайли муҷозотӣ мумкин аст истифода бурда шаванд:
а) танбеҳ;
б) бекор кардани шароитҳои беҳбудгардонидашудаи нигаҳдошт, ки моддаҳои 128, 130, 132, 134, 140 ва 141 ҳамин Кодекс пешбинӣ кардаанд;
в) маҳрум сохтан аз мулоқоти навбатии кӯтоҳмуддат ё дарозмуддат, ё гуфтугӯи телефонӣ ба мӯҳлати то як моҳ;
г) ҷойгиронии маҳкумшудагоне, ки дар колонияҳои ислоҳӣ ё маҳбасҳо нигоҳ дошта мешаванд ба изолятори (тавқифгоҳи) ҷаримавӣ ба мӯҳлати то понздаҳ шабонарӯз;
д) гузаронидани маҳкумшудагони ҷинси мард, ки ашаддӣ вайронкунандаи тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо дониста шудаанд ва дар колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ, пурзӯр ва сахт нигоҳ дошта мешаванд ба биноҳои навъи камера ба мӯҳлати то шаш моҳ ва агар дар колонияҳои ислоҳии низоми махсус бошад - ба камераҳои яккаса ба мӯҳлати то шаш моҳ;
е) гузаронидани маҳкумшудагони ҷинси зан, ки ашаддӣ вайронкунандаи тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо дониста шудаанд, ба биноҳои навъи камера ба мӯҳлати то се моҳ.
2. Нисбат ба маҳкумшудагоне, ки маҳрум сохтан аз озодиро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд ва ашхосе, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд, муҷозотҳои пешбининамудаи бандҳои д) ва е) қисми 1 ҳамин модда истифода бурда намешаванд.
3. Занони маҳкумшуда, ки дар хонаҳои кӯдакони муассисаи ислоҳӣ фарзандони ширхор доранд, инчунин занони маҳкумшуда, ки бо сабаби ҳомила ва таваллуд аз кор озод карда шудаанд, ҳамчунин маъюбони гурӯҳи 1 ва II ба изолятори (тавқифгоҳи) ҷаримавӣ, биноҳои навъи камера ва камераҳои яккаса гузаронида намешаванд.
4. Нисбат ба маҳкумшудагоне, ки вайронкунандагони ашадии тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо мебошанд, ҳамчунин чораҳои пешбининамудаи қисми 4 моддаи 80 ҳамин Кодекс истифода шуданаш мумкин аст. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
5. Маҳкумшудагон барои иҷро накардани меъёри коркард ё вазифаи бастӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида намешаванд, агар он бо рад ё саркашии ашадӣ аз кор алоқаманд набошад.
 
Моддаи 121. Тартиби истифодаи чораҳои муҷозот нисбат ба маҳкумшудагон
1. Ҳангоми истифодаи чораҳои муҷозот ҳолатҳои содир намудани қонуншиканӣ, шахсият ва рафтори маҳкумшуда то содир намудани кирдор ба инобат гирифта мешавад. Муҷозоти андешидашуда бояд ба вазнинӣ ва хусусияти кирдори маҳкумшуда мувофиқ бошад.
2. Муҷозот дар мӯҳлати на дертар аз даҳ шабонарӯз аз рӯзи ошкор гардидани кирдор ва агар вобаста ба кирдор санҷиш сурат гирифта бошад, аз рӯзи хатми он, вале на дертар аз се моҳ аз лаҳзаи содир гардидани кирдор гузошта мешавад. Муҷозот фавран ва дар ҳолатҳои мустасно дар мӯҳлати на дертар аз сӣ рӯз аз рӯзи гузоштани он иҷро карда мешавад. Барои як қонуншиканӣ андешидани якчанд муҷозот манъ аст.
3. Муҷозот дар намуди танбеҳ шифоҳӣ ё хаттӣ, дигар навъи муҷозот бошад танҳо хаттӣ бо қарори асосноки сардори муассисаи ислоҳӣ ё шахси ивазкунандаи ӯ гузошта мешавад, ба истиснои банди б) қисми 1 моддаи 120 ҳамин Кодекс, ки бо қарори комиссияи муассисаи ислоҳӣ татбиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
4. Гузаронидани маҳкумшудагон ба биноҳои навъи камера ва камераҳои яккаса бо нишондоди мӯҳлати нигоҳ доштан дар онҳо мутобиқи қарори асосноки сардори муассисаи ислоҳӣ, бо хулосаи комиссияи муассисаи ислоҳӣ анҷом дода мешавад.
5. Гузаронидани маҳкумшудагон ба биноҳои навъи камера, инчунин ба камераҳои яккаса ҳангоми бесамар будани истифодаи дигар чораҳои таъсиррасонӣ, инчунин ҳангоми ашадӣ вайрон кардани қоидаҳои муқарраргардидаи адои ҷазо анҷом дода мешавад.
6. Нисбат ба маҳкумшудагоне, ки ба биноҳои навъи камера гузаронида шудаанд, ҳамаи навъҳои муҷозот, ба истиснои гузаронидан ба бинои навъи камера, истифода шуданаш мумкин аст.
7. Агар дар муддати як сол аз рӯзи адо кардани муҷозоти интизомӣ ба маҳкумшуда муҷозоти нав гузошта нашавад ӯ муҷозотнадошта ҳисобида мешавад.
 
Моддаи 122. Ашаддӣ вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо
1. Ашаддӣ вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо иборат аст аз: истеъмоли воситаҳои нашъаовар ва машруботи алкоголӣ; авбошии майда; таҳдид, итоат накардан ба намояндаи маъмурияти муассисаи ислоҳӣ ё таҳқири онҳо; таҳдид ё таҳқири дигар намояндагони ҳокимият ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон; ташкили корпартоӣ ва дигар намуди итоат накардани гурӯҳӣ, ҳамчунин иштирок дар онҳо; ташкили гурӯҳҳои маҳкумшудагон, ки барои содир кардани қонуншиканиҳои дар ҳамин модда зикргардида равона шудаанд ё иштироки фаъолона дар онҳо; бачабозӣ; ҷимои зан бо зан (лесбиянство) ё дигар кирдори дорои хусусияти шаҳвонидошта.
2. Ашаддӣ мумкин аст ҳисобида шавад, инчунин дар тӯли як сол такроран вайрон кардани тартиботи муқарраршудаи адои ҷазо, агар барои ҳардуи ин қонуншиканӣ нисбат ба маҳкумшуда муҷозот дар намуди гузаронидан ба изолятори (тавқифгоҳи) ҷаримавӣ истифода гардида бошад.
3. Маҳкумшудае, ки вайронкуниҳои дар қисмҳои 1 ва 2 якум ва дуюми ҳамин модда зикргардидаро содир кардааст, ки нисбати ӯ муҷозотҳои пешбининамудаи бандҳои г), д) ва е) қисми 1 моддаи 120 ҳамин Кодекс истифода бурда шудаанд, ашаддӣ вайронкунандаи тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо дониста мешаванд. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
4. Маҳкумшуда бо қарори асосноки сардори муассисаи ислоҳӣ ҳамзамон бо гузоштани (додани) муҷозот вайронкунандаи ашадии тартиботи муқарраргардидаи адои ҷазо эътироф карда мешавад.
 
Моддаи 123. Шароити нигоҳ доштани маҳкумшудагон дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ, биноҳои навъи камера ва камераҳои яккаса
1. Ба маҳкумшудагони дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) чаримавӣ ҷойгиркардашуда мулоқот, гуфтугӯҳои телефонӣ, харидории маводи озуқаворӣ, гирифтани фириста, дастовез ва баста манъ мебошад. Онҳо ҳуқуқ доранд аз гаштугузори ҳаррӯза бо давомнокии то як соат истифода баранд.
2. Маҳкумшудагоне, ки тибқи тартиби муҷозот ба бинои навъи камера ё камераҳои яккаса гузаронида шудаанд, ҳуқуқ доранд, ки:
а) ҳар моҳ барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз аз маблағи дар муассисаи ислоҳӣ кор кардаашон дар ҳаҷми чор нишондиҳанда барои ҳисобҳои муқарраршуда сарф кунанд;
б) дар давоми шаш моҳ як фириста ё дастовез ва як баста гиранд; (ҚҶТ аз 3.07.12с.№866)
в) аз гаштугузори ҳаррӯза бо давомнокии якуним соат истифода баранд;
г) бо иҷозати маъмурияти муассиса дар давоми шаш моҳ як мулоқоти кӯтоҳмуддат дошта бошанд.
3. Маҳкумшудагони дар изолятори (тавқифгоҳи) ҷаримавӣ ҷойгиркардашуда, ба бинои навъи камера ё камераҳои яккаса гузаронидашуда аз дигар маҳкумшудагон ҷудо кор мекунанд.
4. Дар сурати гузаронидани маҳкумшудагон аз изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ, биноҳои навъи камера, ва камераҳои яккаса ба муассисаҳои муолиҷавӣ, ки бо сабабҳои қасдан маъюб кардани узв ва бемориҳои сохта (қалбакӣ) алоқаманд намебошанд, мӯҳлати дар муассисаҳои муолиҷавӣ гузаронидаи онҳо ба мӯҳлати адои муҷозот ба ҳисоб гирифта мешавад.
5. Мӯҳлати умумии нигоҳ доштан дар биноҳои навъи камера ё камераҳои яккаса дар тӯли сол наметавонад бештар аз шаш моҳ ва дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ бештар аз шаст шабонарӯз бошад.
6. Таъминоти моддӣ-маишии маҳкумшудагон дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) ҷаримавӣ, биноҳои навъи камера ва камераҳои яккаса тибқи меъёри муқарраргардидаи нигоҳдошти маҳкумшудагон дар маҳбаси низоми умумӣ сурат мегирад.
 
         Моддаи 124. Шахси мансабдори муассисаҳои ислоҳӣ, ки нисбат ба ашхоси аз озодӣ маҳрумшуда чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотро истифода мебарад
1. Сардорони муассисаҳои ислоҳӣ ва ашхоси ивазкунандаи онҳо ҳуқуқ доранд чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотии дар моддаҳои 118 ва 120 ҳамин Кодекс зикргардидаро, ба истиснои банди б) қисми 1 моддаи 120 ҳамин Кодекс, дар ҳаҷми пурра истифода баранд. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
2. Сардорони отрядхо ҳуқуқ доранд чораҳои зайли ҳавасмандгардониро истифода баранд:
а) раҳматнома эълон кунанд;
б) пеш аз мӯҳлат бардоштани муҷозоти аз ҷониби сардори отряд гузошташуда.
3. Сардорони отрядҳо ҳуқуқ доранд шифоҳӣ танбеҳ эълон кунанд.
 
БОБИ 14
ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲРУМ СОХТАН АЗ ОЗОДӢ
ДАР МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲИИ ХЕЛҲОИ ГУНОГУН
 
Моддаи 125. Колонияҳои ислоҳии сукунат
1. Дар колонияҳои ислоҳии сукунат ҷазоро мардҳое адо мекунанд, ки барои аз беэҳтиётӣ содир намудани ҷиноят ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати на зиёда аз панҷ сол маҳкум шудаанд, инчунин занҳое, ки барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содирнамуда маҳкум шудаанд; дар колонияҳои ислоҳии сукунат барои маҳкумшудагони мусбӣ арзёбӣ шуда, маҳкумшудагоне ҷазоро адо мекунанд, ки тибқи тартиби пешбининамудаи моддаи 80 ҳамин Кодекс аз колонияҳои низоми умумӣ,пурзӯр ва низоми сахт гузаронида шудаанд.
2. Дар ҳарду намуди колонияи ислоҳии сукунат маҳкумшудагон ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро дар ҳамон як шароит адо мекунанд.
3. Дар як колонияи ислоҳии сукунат метавонанд маҳкумшудагони ҷинси мард ва зан нигоҳ дошта шаванд. Маҳкумшудагоне, ки дар ҳамшарикӣ ҷиноят содир кардаанд, чун қоида аз ҳамдигар ҷудо ҷазоро адо мекунанд.
 
Моддаи 126. Шароитҳои адои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ дар колонияи сукунат
1. Дар колонияҳои сукунат ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшудагон:
а) бидуни посбон, вале таҳти назорати маъмурияти колонияи сукунат нигоҳ дошта мешаванд; тибқи реҷаи рӯз ҳуқуқ доранд озодона дар доираи колонияи сукунат ҳаракат кунанд; бо иҷозати маъмурияти колонияи сукунат бе назорат берун аз колонияи сукунат, вале дар доираи ҳудуди қаламрави маъмурӣ мувофиқан ташкилёфта метавонанд рафту омад намоянд, агар ин аз рӯи хусусияти кори анҷомдиҳандаи ӯ ва ё марбут ба хонишаш зарурат дошта бошад; метавонанд бо худ пул, ашёҳои қиматбаҳо дошта бошанд; бе маҳдудият пулро истифода баранд; фириста, дастовез ва баста гиранд; бе маҳдудияти шумора мулоқот карда метавонанд;
б) чун қоида дар хобгоҳҳои махсуси барои онҳо таъин гардида истиқомат мекунанд; маҳкумшудагоне, ки ба вайрон кардани Қоидаҳои муқаррар кардаи адои ҷазо роҳ надодаанд ва оиладор мебошанд бо қарори сардори колонияи сукунат иҷозат дода шуданашон мумкин аст, ки бо оилаашон дар манзили иҷорагирифташуда ё манзили шахсӣ дар қаламрави колонияи сукунат ё берун аз он зиндагӣ намоянд. Ин маҳкумшудагон ӯҳдадоранд дар як моҳ то чор маротиба барои аз қайд гузаштан ба колонияи сукунат ҳозир шаванд. Пайдарҳамии аз қайд гузаштанро сардори колонияи сукунат бо қарори худ муқаррар мекунад. Ба биноҳои истиқоматие, ки дар онҳо маҳкумшудагон зиндагӣ мекунанд, намояндагони маъмурияти колонияи сукунат дар ҳама маврид ташриф оварда метавонанд;
в) маҳкумшудагон дорои ҳуҷҷати намунаи муайяншуда мебошанд, ки шахсияти онҳоро тасдиқ мекунад. Шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои шахсии онҳо якҷоя бо парвандаҳои шахсияшон нигоҳ дошта мешаванд.
2. Барои маҳкумшудагон ба ҷои истиқоматӣ овардан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани номгӯиашёҳое, ки Қоидаи тартиби дохилии муассисаҳои ислоҳӣ иҷозат надодааст, манъ аст.
3. Меҳнати маҳкумшудагон бо истиснои қоидаи ба кор қабул кардан, аз кор озод кардан ва ба дигар кор гузаронидан тибқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад. Гузаронидани маҳкумшудагон ба кори дигар, аз он ҷумла ба маҳалли дигар, мумкин аст аз ҷониби маъмурияти ташкилоте, ки ӯ дар он ҷо кор мекунад, бо розигии маъмурияти колонияи сукунат ба амал бароварда мешавад.
4. Ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки онҳо ғоибона дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус ва олӣ, ки дар дохили воҳидҳои маъмурию ҳудуди маҳалли адои ҷазо ҷойгиранд таҳсил намоянд.
5. Тартиби дар асоси шартнома берун аз қаламрави колонияи ислоҳии сукунат ба меҳнат ҷалб намудани маҳкумшуда, андозаи маблағи пардохташаванда ва манзили зисти онҳо аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1036)
 
Моддаи 127. Колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ
1. Дар колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ мардҳое, ки бори аввал бо маҳрум сохтан аз озодӣ барои қасдан содир намудани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна, инчунин мардҳое, ки барои содир намудани ҷиноят аз беэҳтиётӣ ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати зиёда аз панҷ сол маҳкум шудаанд, ҳамчунин заноне, ки аз озодӣ маҳрум шудаанд, ба истиснои заноне, ки ҷиноятро дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок ва ё аз беэҳтиётӣ содир намудаанд, ҷазоро адо мекунанд.
2. Мутобиқи қисми 7) моддаи 58 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар колонияҳои ислоҳи низоми умумӣ инчунин дигар ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, ба истиснои ашхоси дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок маҳкумшуда, инчунин маҳкумшудагоне, ки ҷазояшон дар намуди қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, нигоҳ дошта шуданашон мумкин аст. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
3. Дар колонияҳои ислоҳи низоми умумӣ ашхосе, ки барои ҷинояти начандон вазнин ва миёна маҳкум шудаанд аз ашхосе, ки барои ҷиноятҳои вазнин маҳкум шудаанд, ҷудо нигоҳ дошта мешаванд.
 
Моддаи 128. Шароити адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дар муассисаҳои ислоҳии низоми умумӣ
1. Дар колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ маҳкумшудагон:
а) дар биноҳои муқаррарии истиқоматӣ нигоҳ дошта мешаванд;
б) метавонанд барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз маблағи дар ҳисобномаи шахсӣ доштаашонро бе маҳдудият харҷ кунанд;
в) дар тӯли сол ба ҳашт мулоқоти кӯтоҳмуддат ва шаш мулоқоти дарозмуддат ҳуқуқ доранд;
г) ҳуқуқ доранд бе маҳдудият фириста, дастовез ва баста гиранд.
2. Дар мавриди надоштани муҷозот барои вайрон кардани қоидаҳои муқарраргардидаи адои ҷазо ва муносибати софдилона ба меҳнат бо гузашти на камтар аз шаш моҳи мӯҳлати адои ҷазо дар шароити муқаррарӣ маҳкумшударо ба шароити беҳбудгардонидашудаи нигоҳдошт гузаронидан мумкин аст. Дар ин сурат ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки:
а) бе маҳдудият мулоқот дошта бошанд;
б) ҳангоми рухсатии ҳарсола бо қарори маъмурияти колонияи ислоҳӣ, мутобиқи моддаи 98 ҳамин Кодекс, берун аз ҳудуди маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ сафар кунанд.
 
Моддаи 129. Колонияҳои ислоҳии низоми пурзӯр
1.Дар колонияҳои ислоҳии низоми пурзӯр мардоне, ки бори аввал барои қасдан содир намудани ҷиноятҳои вазнин ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, ҷазоро адо мекунанд.
2.Ҳамчунин мутобиқи қисми 7) моддаи 58 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар колонияҳои ислоҳии низоми пурзӯр дигар ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, ба истиснои онҳое, ки ҳангоми ретсидиви махсусан хавфнок маҳкум шудаанд, инчунин маҳкумшудагоне, ки ҷазояшон дар намуди қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, нигоҳ дошта шуданашон мумкин аст. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
 
Моддаи 130. Шароитҳои адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дар колонияҳои ислоҳии низоми пурзӯр
1. Дар колонияҳои ислоҳии низоми пурзӯр маҳкумшудагон дар биноҳои муқаррарии истиқоматӣ нигоҳ дошта мешаванд. Онҳо ҳуқуқ доранд:
а) барои хариди озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз маблағи дар ҳисобномаҳои шахсӣ доштаашонро бе маҳдудият харҷ кунанд;
б) дар тӯли сол шаш мулоқоти кӯтоҳмуддат ва чор мулоқоти дарозмуддат гузаронанд;
в) бе маҳдудият фириста, дастовез ва баста гиранд;
2. Дар мавриди надоштани муҷозот барои вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи адои ҷазо ва муносибати софдилона ба меҳнат бо гузашти на камтар аз як соли мӯҳлати адои ҷазо дар шароити муқаррарӣ маҳкумшударо ба шароити беҳбудигардонидашудаи нигаҳдошт гузаронидан мумкин аст. Дар ин сурат ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки:
а) бе маҳдудият мулоқот дошта бошанд;
б) ҳангоми рухсатии ҳарсола бо қарори маъмурияти колонияи ислоҳӣ, мутобиқи моддаи 98 ҳамин Кодекс, берун аз ҳудуди маҳалли ҷои адои ҷазо (ё маҳрум сохтан аз озодӣ) сафар кунанд.
 
 
Моддаи 131. Колонияҳои ислоҳии низоми сахт
1. Дар колонияҳои ислоҳии низоми сахт мардоне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин бори аввал ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, инчунин ҳангоми ретсидиви ҷиноят, агар маҳкумшуда ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо карда истода бошад ё қаблан ин намуди ҷазоро адо карда бошад, инчунин занони ҳангоми ретсидиви махсусан хавфнок маҳкумшуда ва заноне, ки нисбати онҳо ҷазо дар намуди қатл тибқи тартиби бахшиш ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, ҷазоро адо мекунанд. (ҚҶТ аз 29.12.10с, №648).
2. Мутобиқи қисми 7) моддаи 58 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар колонияҳои ислоҳии низоми сахт инчунин дигар ашхосе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, нигоҳ дошта шуданашон мумкин аст. Дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт мардоне, ки ҳангоми ретсидиви махсусан хавфнок маҳкумшуда ва ё ҷазо дар намуди қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, нигоҳ дошта намешаванд. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
 
Моддаи 132. Шароитҳои адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дар колонияҳои ислоҳии низоми сахт
1. Дар колонияҳои ислоҳии низоми сахт маҳкумшудагон:
а) дар биноҳои муқаррарии истиқоматӣ нигоҳ дошта мешаванд;
б) метавонанд барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз маблағи дар ҳисобномаи шахсӣ доштаашонро бе маҳдудият харҷ кунанд;
в) дар тӯли сол ба чор мулоқоти кӯтоҳмуддат ва се мулоқоти дарозмуддат ҳуқуқ доранд;
г) ҳуқуқ доранд бе маҳдудият фириста, дастовез ва баста гиранд.
2. Дар мавриди надоштани муҷозот барои вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи адои ҷазо ва муносибати софдилона ба меҳнат бо гузаштани на камтар аз се як ҳиссаи мӯҳлати адои ҷазо дар шароити муқаррарӣ маҳкумшударо ба шароити беҳбудигардонидашудаи нигоҳдошт гузаронидан мумкин аст. Дар ин сурат ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки дар тӯли сол ба таври иловагӣ чор мулоқоти кӯтоҳмуддат ва чор мулоқоти дарозмуддат дошта бошанд.
 
Моддаи 133. Колонияҳои ислоҳии низоми махсус
1. Дар колонияҳои ислоҳии низоми махсус мардони ҳангоми ретсидиви махсусан хавфнок маҳкумшуда ва маҳкумшудагоне, ки барояшон ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин гардидааст ё ҷазои қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, ҷазоро адо мекунанд. (Қ ҶТ аз 01.03.2005с,№87)
2. Мардони ҳангоми ретсидиви махсусан хафнок маҳкумшуда аз дигар маҳкумони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида алоҳида нигоҳ дошта мешаванд. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
 
Моддаи 134. Шароити адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дар колонияҳои ислоҳии низоми махсус барои мардоне, ки ҳангоми ретсидиви махсусан хавфнок маҳкум шудаанд ва маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст
1. Дар колонияҳои ислоҳии низоми махсус мардоне, ки ҳангоми ретсидиви махсусан хавфнок маҳкум шудаанд ва маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст барои мардоне, ки ҳангоми ретсидиви махсусан хавфнок маҳкум шудаанд ва маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст: (ҚҶТаз 28.06.11с№732)
а) дар шароити изолятсияи (ҷудонигоҳдорӣ) қатъӣ дар биноҳои навъи камера нигоҳ дошта мешаванд;
б) метавонанд барои хариди озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз аз маблағи дар ҳисобномаи шахсӣ доштаашон бе маҳдудият харҷ кунанд;
в) дар тӯли сол ба се мулоқоти кӯтоҳмуддат ва ду мулоқоти дарозмуддат ҳуқуқ доранд;
г) ҳуқуқ доранд бе маҳдудият фириста, дастовез ва баста гиранд;
д) аз гаштугузори ҳамарӯза бо давомнокии ду соат истифода баранд.
2. Дар мавриди надоштани муҷозот барои вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи адои ҷазо ва муносибати софдилона ба меҳнат бо гузаштани на камтар аз нисфи мӯҳлати адои ҷазо маҳкумшударо ба шароити беҳбудигардонидашудаи нигоҳдошт гузаронидан мумкин аст. Дар ин сурат маҳкумшудагон:
а) дар биноҳои муқаррарии истиқоматӣ нигоҳ дошта мешаванд;
б) дар тӯли сол ба таври иловагӣ ба се мулоқоти кӯтоҳмуддат ва ду мулоқоти дарозмуддат ҳуқуқ доранд;
 
Моддаи 1341. Шароитҳои адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш махсус барои маҳкумшудагоне, ки барояшон ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин шудааст
1. Маҳкумшудагоне, ки барояшон ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин гардидааст, дар камераҳо, аз рӯи қоида, на зиёда аз дунафарӣ нигоҳ дошта мешаванд. Аз рӯи хоҳиши маҳкумшудагон ва дар ҳолатҳои истисноӣ бо қарори сардори муассисаи ислоҳӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани таҳдид ба амнияти шахсии маҳкумшудагон нигоҳ доштани онҳо дар камераҳои якнафара мумкин аст. Меҳнати маҳкумшудагони мазкур бо назардошти талаботи нигоҳдории онҳо дар камераҳо ба роҳ монда мешавад.
2. Маҳкумшудагон ба сайру гашти ҳаррӯзаи давомнокиаш то якуним соат ҳуқуқ доранд. Ҳангоми нишон додани рафтори хуб бо қарори сардори муассисаи ислоҳӣ мумкин аст давомнокии сайру гашти маҳкумшуда то ду соат дароз карда шавад.
3. Ҳамаи маҳкумшудагон ҳангоми дохил шудан ба муассисаи ислоҳии низомаш махсус ба шароити муқаррарии адои ҷазо фаро гирифта мешаванд. Дар мавриди надоштани муҷозот барои вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи адои ҷазо ва муносибати софдилона ба меҳнат бо гузаштани на камтар аз даҳ соли мӯҳлати адои ҷазо маҳкумшударо аз шароити муқаррарии адои ҷазо ба шароити беҳбудигардонидашудаи нигаҳдошт гузаронидан мумкин аст.
4. Агар маҳкумшудаи ба шароити беҳбудигардонидашудаи адои ҷазо гузаронидашуда тартиботи муқарраршудаи дохили колонияи ислоҳиро ашаддӣ вайрон кунад, ба шароити муқаррарии адои ҷазо гузаронида мешавад. Такроран аз шароити муқаррарии адои ҷазо ба шароити беҳбудигардонидашуда маҳкумшуда танҳо баъди панҷ соли адои ҷазо дар шароити муқаррарӣ гузаронида мешавад.
5. Тартиби иҷрои ҷазо барои маҳкумшудагоне, ки онро дар шароити муқаррарӣ ва беҳбудигардонидашуда адо менамоянд, дар қисмати хароҷоти маблағ барои хариди озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз, шумора ва намуди мулоқотҳо, инчунин гирифтани фириста, дастовез ва баста ба таври зайл муқаррар карда мешавад:
1) Маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар шароити муқаррарӣ адо менамоянд, метавонанд:
- барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз маблағи дар ҳисобномаи шахсӣ доштаашонро бе маҳдудият харҷ кунанд;
- дар давоми сол чор баста ё дастовез ва чор фириста гиранд, инчунин ду мулоқоти кӯтоҳмуддат анҷом диҳанд.
2) Маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар шароити беҳбуди-гардонидашуда адо менамоянд, метавонанд:
- барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз маблағи дар ҳисобномаи шахсӣ доштаашонро бе маҳдудият харҷ кунанд;
- дар давоми сол шаш баста ё дастовез ва шаш фириста гиранд, инчунин се мулоқоти кӯтоҳмуддат анҷом диҳанд. (ҚҶТаз 28.06.11с№732), (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1036)
 
Моддаи 135. Маҳбасҳо
1. Мардоне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин ба мӯҳлати зиёда аз даҳ сол ба маҳрум сохтан аз озодӣ ва ё дар ҳолатҳои ретсидиви махсусан хавфнок маҳкум шудаанд, қисми мӯҳлати ҷазои таъиншуда, вале на зиёда аз панҷ соли онро дар маҳбасҳо адо мекунанд, инчунин маҳкумшудагоне, ки ба маҳбас барои вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомҳои умумӣ, пурзӯр, сахт ва махсус ба мӯҳлати то се сол гузаронида шудаанд, нигоҳ дошта мешаванд. Дар маҳбас инчунин маҳкумшудагоне, ки тибқи асосҳои дар моддаҳои 75, 76 ва 81 ҳамин Кодекс пешбинишуда ҷойгир шудаанд, нигоҳ дошта мешаванд.
2. Дар маҳбасҳо низомҳои умумӣ ва сахт муқаррар карда мешавад.
3. Дар низоми сахт маҳкумшудагоне, ки ба ҳамин маҳбасҳо дохил шудаанд ва маҳкумшудагоне, ки аз низоми умумӣ гузаронида шудаанд, нигоҳ дошта мешаванд.
4. Дар низоми сахт маҳкумшудагони маъюбони гурӯҳи I ва II нигоҳ дошта намешаванд.
5. Пас аз адои на камтар аз як соли мӯҳлати ҷазо дар низоми сахт маҳкумшудагон ба низоми умумӣ гузаронида шуданашон мумкин аст.
6. Маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар низоми умумӣ адо мекунанд ва вайронкунандагони ашадии тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо эътироф шудаанд, ба низоми сахт гузаронида мешаванд. Ба низоми умумӣ такроран гузаронидани маҳкумшудагон тибқи тартиби пешбининамудаи қисми 5 ҳамин модда анҷом дода шуданаш мумкин аст. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
 
Моддаи 136. Шароитҳои адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дар маҳбасҳо
1. Маҳкумшудагон дар маҳбас дар камераҳои умумии қулфшаванда нигоҳ дошта мешаванд. Дар ҳолатҳои зарурӣ бо қарори асосноки сардори маҳбас ва бо розигии прокурори дахлдор маҳкумшудагон метавонанд дар камераҳои яккаса нигоҳ дошта шаванд.
2. Ҷойгир кардани маҳкумшудагон ба камераҳо бо риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 78 ҳамин Кодекс сурат мегирад.Инчунин дар алоҳидагӣ ва аз якдигар ҷудо маҳкумшудагони зерин нигоҳ дошта мешаванд: маҳкумшудагоне, ки аз колонияҳои ислоҳӣ гузаронида шудаанд; маҳкумшудагоне, ки дар маҳбас барои иҷрои корҳои хизматрасонии хоҷагӣ мононда шудаанд.
3. Гаштугузори маҳкумшудагоне, ки дар маҳбас нигоҳ дошта мешаванд, тибқи нақша, рӯзона, дар фазои кушод, дар қисми махсус таҷҳизонидашудаи ҳудуди маҳбас, ҳар як камера дар алоҳидагӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми аз ҷониби маҳкумшудагон вайрон кардани қоидаҳои муқарраргардидаи тартиботи дохилӣ гаштугузор пеш аз мӯҳлат қатъ карда шуданаш мумкин аст.
4. Ба маҳкумшудагоне, ки дар маҳбаси низоми умумӣ мебошанд, иҷозат дода мешавад, ки:
а) маблағи дар ҳисобномаҳои шахсӣ доштаашонро барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз бе маҳдудият харҷ намоянд;
б) дар тӯли сол ду мулоқоти кӯтоҳмуддат ва ду мулоқоти дарозмуддат дошта бошанд;
в) бе маҳдудият фириста, дастовез ва баста гиранд;
г) аз гаштугузори ҳамарӯза бо давомнокии ду соат истифода баранд.
5. Ба маҳкумшудагоне, ки дар маҳбас дар низоми сахт қарор доранд, иҷозат дода мешавад, ки:
а) барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз маблағи дар ҳисобномаҳои шахсӣ доштаашонро бе маҳдудият харҷ намоянд;
б) бе маҳдудият фириста, дастовез ва баста гиранд:
в) дар тӯли сол ду мулоқоти кӯтоҳмуддат дошта бошанд;
г) аз гаштугузори ҳамарӯза бо давомнокии як соат истифода баранд.
 
Моддаи 137. Шароити нигоҳ доштани маҳкумшудагоне, ки дар муассисаи муолиҷавӣ, изоляторҳои тафтишотӣ ё маҳбас барои кори таъминоти хоҷагӣ мононда шудаанд
Маҳкумшудагоне, ки мутобиқи қисми 3 моддаи 76 ҳамин Кодекс дар муассисаи муолиҷавӣ, изоляторҳои тафтишотӣ ва маҳбасҳо барои кор оид ба хизматрасонии хоҷагӣ мононда шудаанд, дар биноҳои алоҳида аз дигар ашхос (дар ҳудуди ҳавлии хоҷагидорӣ), мутобиқи шароити барои колонияҳои дорои низоми умумӣ пешбининамудаи ҳамин Кодекс, нигоҳ дошта мешаванд. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062), (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
 
Моддаи 138. Шароити нигоҳ доштани маҳкумшудагоне, ки муваққатан дар изоляторҳои тафтишотӣ ё маҳбасҳо мононда ё ба ин ҷойҳо гузаронида шудаанд
Маҳкумшудагоне, ки муваққатан дар изоляторҳои тафтишотӣ ё маҳбас мононда ё ба ин муассисаҳо тибқи моддаи 75 ва 81 ҳамин Кодекс гузаронида шудаанд, дорои ӯҳдадориҳои пешбининамудаи Низомнома дар бораи таҳти ҳабси пешакӣ гирифтан мебошанд. Ба онҳо мутобиқи меъёрҳои муқарраршуда ройгон хӯрока дода шуда, онҳо мулоқотҳои кӯтоҳмуддат мегузаронанд, фириста, дастовез ва баста мегиранд, мактуб мефиристанд ва бо ҳисоби ғайринақдӣ озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз харидорӣ мекунанд.
 
БОБИ 15
ХУСУСИЯТҲОИ АДОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲРУМ СОХТАН
АЗ ОЗОДӢ ДАР КОЛОНИЯҲОИ ТАРБИЯВӢ
 
Моддаи 139. Намуди колонияҳои тарбиявӣ
Колонияҳои тарбиявӣ ба колонияҳои низоми умумӣ ва низоми пурзӯр тақсим мешаванд.
 
Моддаи 140. Колонияҳои тарбиявии низоми умумӣ
1. Дар колонияҳои тарбиявии низоми умумӣ ноболиғони ҷинси мард, ки бори аввал ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, инчунин ҳамаи маҳкумшудагони ноболиғи ҷинси зан ҷазоро адо мекунанд. Ашхосе, ки барои ҷинояти начандон вазнин ва дараҷаи миёна маҳкум шудаанд, аз ашхосе, ки барои ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин маҳкум шудаанд, ҷудо нигоҳ дошта мешаванд.
2. Дар колонияҳои тарбиявии низоми умумӣ маҳкумшудагон:
а) дар биноҳои муқаррарии истиқоматӣ нигоҳ дошта мешаванд;
б) ҳуқуқ доранд барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз маблағи дар ҳисобномаи шахсӣ доштаашонро бе маҳдудият харҷ кунанд;
в) бидуни маҳдудият ба мулоқоти кӯтоҳмуддат ва дар тули сол ба шаш мулоқоти дарозмуддат ҳуқуқ доранд;
г) ҳуқуқ доранд бидуни маҳдудият фириста, дастовез ва баста гиранд.
3. Ҳангоми рафтори шоиста ва муносибати софдилона ба меҳнат ва таҳсил, бо гузашти на камтар аз чоряки ҳиссаи мӯҳлати ҷазо маҳкумшудагонро ба шароити беҳбудигардонидашудаи нигоҳдошт гузаронидан мумкин аст. Дар ин ҳолат ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки:
а) бо қарори маъмурияти колонияи тарбиявӣ берун аз ҳудуди колонияи тарбиявӣ мулоқот гузаронанд;
б) ҳангоми рухсатии ҳарсола бо қарори маъмурияти колонияи тарбиявӣ, мутобиқи моддаи 98 ҳамин Кодекс, берун аз маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ сафар кунанд.
 
Моддаи 141. Колонияи тарбиявии низоми пурзӯр
1. Дар колонияҳои тарбиявии низоми пурзӯр маҳкумшудагони ноболиғи ҷинси мард, ки қаблан ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд, нигоҳ дошта мешаванд.
2. Дар колонияҳои тарбиявии низоми пурзӯр маҳкумшудагон:
а) дар биноҳои муқаррарии истиқоматӣ нигоҳ дошта мешаванд;
б) ҳуқуқ доранд барои харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз аз маблағи дар ҳисобномаҳои шахсӣ доштаашон бе маҳдудият харҷ кунанд;
в) бидуни маҳдудият ба мулоқоти кӯтоҳмуддат ва дар тӯли сол ба чор мулоқоти дарозмуддат ҳуқуқ доранд;
г) ҳуқуқ доранд бидуни маҳдудият фириста, дастовез ва баста гиранд.
3. Ҳангоми рафтори шоиста ва муносибати софдилона ба меҳнат ва таҳсил, бо гузашти на камтар аз сеяки мӯҳлати адои ҷазо, маҳкумшудагонро ба шароити беҳбудгардонидашудаи нигоҳдошт гузаронидан мумкин аст. Дар ин ҳолат ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки ҳангоми рухсатии ҳарсола бо қарори маъмурияти колонияи тарбиявӣ, мутобиқи моддаи 98 ҳамин Кодекс, берун аз маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ сафар кунанд.
 
Моддаи 142. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ, ки нисбат ба ашхоси аз озодӣ маҳрумшуда дар колонияҳои тарбиявӣ татбиқ карда мешаванд
Барои рафтори шоиста, муносибати софдилона ба меҳнат ва таҳсил, иштироки фаъолона дар ташкилотҳои худфаъолият ва чорабиниҳои тарбиявӣ нисбат ба маҳкумшудагони ноболиғ дар баробари чораҳои пешбининамудаи бандҳои а), б), в), г) ва д) қисми 1 моддаи 118 ҳамин Кодекс инчунин чораҳои ҳавасмандгардонии зайл татбиқ шуданаш мумкин аст:
а) додани ҳуқуқи ташриф овардан дар чорабиниҳои фарҳангию тамошобоб ва варзишӣ берун аз ҳудуди колонияи тарбиявӣ бо ҳамроҳии кормандони колония;
б) додани ҳуқуқи баромадан аз ҳудуди колонияи тарбиявӣ бо ҳамроҳии волидайн ё ашхоси ивазкунандаи онҳо ё дигар хешу ақрабои наздик;
в) пеш аз мӯҳлат озод кардан аз изолятори интизомӣ. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
 
Моддаи 143. Тартиби татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ
1. Ба маҳкумшудагоне, ки тибқи тартиби ҳавасмандгардонӣ ҳуқуқи ташриф овардан дар чорабиниҳои фарҳангию тамошобоб ва варзишӣ берун аз ҳудуди колонияи тарбиявӣ бо ҳамроҳии кормандони колония ё ҳуқуқи баромадан аз ҳудуди колония бо ҳамроҳии волидайн ё ашхоси ивазкунандаи онҳо ё дигар хешу ақрабои наздик дода шудааст, либосҳои граждании онҳо дода мешавад.
2. Ташрифи маҳкумшудагон дар чорабиниҳои фарҳангию тамошобоб ва варзишӣ, ки шабона гузаронида мешаванд, манъ аст.
3. Давомнокии баромадан аз ҳудуди колонияҳои тарбиявӣ аз ҷониби сардори колония муайян гардида, вале наметавонад аз ҳашт соат бештар бошад.
 
Моддаи 144. Чораҳои муҷозот, ки нисбат ба ашхоси аз озодӣ маҳрумшуда дар колонияҳои тарбиявӣ татбиқ карда мешаванд.
Барои вайрон кардани тартиби муқарраршудаи адои ҷазо нисбат ба маҳкумшудагони ноболиғ дар баробари чорабиниҳои пешбининамудаи бандҳои а), б) ва в) қисми 1 моддаи 120 ҳамин Кодекс, чораҳои муҷозотии зерин татбиқ карда мешаванд:
а) маҳрум сохтан аз ҳуқуқи тамошои кинофилмҳо дар тӯли як моҳ;
б) ҷойгир кардан ба изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) интизомӣ ба мӯҳлати то ҳафт шабонарӯз бо баровардан ба идомаи таҳсил. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
 
Моддаи 145. Тартиби татбиқи чораҳои муҷозот нисбат ба ашхоси аз озодӣ маҳрумшуда дар колонияҳои тарбиявӣ
1. Ба маҳкумшудагони дар изолятори интизомӣ ҷойгиркардашуда мулоқоти дарозмуддат, гуфтугӯи телефонӣ, харидории озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз, гирифтани фириста, дастовез ва баста, тамошои кинофильм ва барномаҳои телевизион, истифодаи бозиҳои рӯимизӣ манъ аст. Онҳо метавонанд аз ҳуқуқи гаштугузори ҳамарӯза бо давомнокии ду соат истифода баранд.
2. Нисбат ба ашхосе, ки дар изолятори интизомӣ ҷойгир карда шудаанд ҳамагуна навъи муҷозот, ба истиснои ҷойгиркунӣ дар изолятори интизомӣ, истифода бурда мешавад.
3. Пеш аз мӯҳлат аз изолятори интизомӣ озод кардани маҳкумшуда аз ҷониби сардори колонияҳои тарбиявӣ ё шахси ивазкунандаи ӯ тибқи тартиби ҳавасмандгардонӣ, инчунин тибқи хулосаи тиббӣ истифода бурда мешавад.
 
Моддаи 146. Шахсони мансабдори колонияҳои тарбиявӣ, ки чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотро нисбат ба маҳкумшудагон татбиқ менамоянд
1. Сардорони колонияҳои тарбиявӣ ё ашхоси ивазкунандаи онҳо дорои ҳуқуқи дар ҳаҷми пурра истифода бурдани чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозот мебошанд.
2. Сардорони отрядҳо ҳуқуқ доранд чораҳои зайли ҳавасмандгардониро истифода баранд:
а) раҳматнома эълон кунанд;
б) пеш аз мӯҳлат бардоштани муҷозоти қаблан додаи сардори отряд.
3. Мураббиёни шӯъбаҳо ҳуқуқ доранд чораҳои зерини ҳавасмандгардониро истифода баранд:
а) раҳматнома эълон кунанд;
б) пеш аз мӯҳлат бардоштани муҷозоти қаблан додаи мураббии шӯъба.
4. Сардорони отрядҳо ҳуқуқ доранд чораҳои зерини муҷозотро истифода баранд:
а) танбеҳи шифоҳӣ эълон кунанд;
б) маҳрум кардан аз ҳуқуқи тамошои кинофилмҳо ба мӯҳлати як моҳ.
5. Мураббиёни шӯъбаҳо ҳуқуқ доранд танбеҳи шифоҳӣ эълон кунанд.
 
 
 
 
Моддаи 147. Дар колонияҳои тарбиявӣ монондани маҳкумшудагони ба балоғатрасида
1. Дар ҳолатҳои истисноӣ, ҳангоми мусбӣ арзёбӣ гардидани рафтори маҳкумшудаи ба синни 18 расида, суд метавонад ӯро то ба синни 20 расидан бо пешниҳоди сардори колонияи тарбиявӣ ва бо розигии прокурор дар колонияи тарбиявӣ мононад.
2. Нисбат ба маҳкумшудаи ба синни 18 расидае, ки дар колонияи тарбиявӣ мононда шудааст, шартҳои адои ҷазо, меъёри хӯрокворӣ ва таъминоти моддию маишии барои маҳкумшудагони ноболиғ муқарраргардида татбиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.07.17с.№1444)
 
Моддаи 148. Гузаронидани маҳкумшудагон аз колонияҳои тарбиявӣ ба колонияҳои ислоҳӣ
1. Шахсони ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда, ки ба синни 18 расидаанд, бо пешниҳоди сардори муассиса ва розигии прокурор аз ҷониби суд ба колонияҳои ислоҳӣ аз рӯи низоми адои ҷазои таъингардида гузаронида мешаванд.
2. Маҳкумшудагоне, ки ба синни 20 расидаанд, бо қарори сардори колонияи тарбиявӣ барои адои минбаъдаи ҷазо ба колонияҳои ислоҳӣ аз рӯи низоми адои ҷазои таъингардида гузаронида мешаванд. (ҚҶТ аз 18.07.17с.№1444)
 
Моддаи 149. Ташкили раванди таълимию тарбиявӣ
1. Бо мақсади ислоҳи ашхоси аз озодӣ маҳрумшуда ва омода сохтани онҳо ба ҳаёти мустақилона раванди ягонаи таълимию тарбиявӣ ташкил карда мешавад, ки барои ташаккули рафтори итоаткорона нисбат ба қонун, муносибати софдилона ба меҳнат ва таҳсил, соҳиб шудан ба таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нӯҳсола), омодагии касбӣ, боло бурдани сатҳи маърифат ва фарҳанг равона карда шудааст.
2. Соҳиб шудан ба таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нӯҳсола), таҳсилоти касбӣ ва омодагии касбии маҳкумшудагон дар заминаи мактабҳои шабонаи таҳсилоти умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ ва корхонаҳои колонияи тарбиявӣ анҷом дода мешавад. (Қ ҶТ аз 15.07.2004с,№48), (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
 
Моддаи 150. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар фаъолияти колонияҳои тарбиявӣ
1. Барои расонидани кӯмак ба маъмурияти колонияҳои тарбиявӣ ҷиҳати ташкили раванди таълиму тарбиявӣ ва таҳкими заминаи моддию техникӣ, барои ҳалли масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии маҳкумшудагон, ҷобаҷокунии меҳнатӣ ва маишии ашхоси озодшаванда дар назди колонияи тарбиявӣ аз ҳисоби намояндагони корхонаю ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон Шӯрои васиён (парасторон) таъсис дода мешавад. Ташкил ва фаъолияти Шӯрои васиён тибқи низомномаи намунавӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, танзим карда мешавад.
2. Ба мақсади баланд бардоштани самаранокии таъсири тарбиявӣ ба маҳкумшудагон ва кӯмак ба маъмурияти колонияҳои тарбиявӣ дар назди отрядҳои колония аз ҳисоби падару модарон ё ашхосе, ки онҳоро иваз мекунанд ва дигар хешу ақрабои наздики маҳкумшудагон кумитаҳои волидайн таъсис дода шуданашон мумкин аст. Фаъолияти кумитаҳои волидайн тибқи Низомномае, ки сардори колонияи тарбиявӣ тасдиқ менамояд, танзим карда мешавад.
 3. Дар фаъолияти колонияҳои тарбиявӣ инчунин дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок карда метавонанд.
 
ФАСЛИ VI
ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲДУД КАРДАН ДАР ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ВА НИГОҲ ДОШТАН ДАР ҚИСМИ ҲАРБИИ ИНТИЗОМӢ НИСБАТ БА ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИИ МАҲКУМШУДА
 
БОБИ 16
ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲДУД КАРДАН ДАР ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
 
Моддаи 151. Маҳал ва тартиби иҷрои ҷазо дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ
1. Маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ мутобиқи ҳукми суд дар ҷои хизмати хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда адо карда мешавад.
2. Ҳангоми таъин намудани ҷазо дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ нусхаи ҳукме, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст ва фармоиш дар хусуси иҷрои он дар давоми на дертар аз даҳ рӯз аз ҷониби суд ба нозироти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармондеҳии қисми ҳарбии маҳалли хизмати хизматчии ҳарбии маҳкумшуда фиристода мешавад.
3. Мутобиқи ҳукми суд командири қисми ҳарбӣ дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи пас аз гирифтани нусхаи ҳукми аз суд воридшуда ва фармоиш дар мавриди иҷрои он фармон мебарорад, ки дар он бо кадом асос ва дар давоми кадом мӯҳлат хизматчии ҳарбии маҳкумшуда барои ба мансаби баландтар ва гирифтани рутбаи навбатии ҳарбӣ пешниҳод намегардад, эълон карда мешавад. Чунин мӯҳлат ба мӯҳлати собиқаи хизмат ҷиҳати додани рутбаи навбатии хизматӣ ба ҳисоб гирифта намешавад. Ба ғайр аз ин зикр карда мешавад, ки дар кадом миқдор доштани маблағ аз таъминоти пулии хизматчии ҳарбии маҳкумшуда тибқи ҳукми суд дар давраи адои ҷазои маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ мутобиқи моддаи 53 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фоидаи давлат нигоҳ дошта мешавад. Фармон дар қисми ҳарбӣ эълон ва ба маълумоти хизматчии ҳарбии маҳкумшуда расонида шуда, ҷиҳати иҷро қабул мегардад.
4. Дар бораи ворид шудани ҳукм, оид ба баровардани фармони дахлдор ва оид ба қабули он ҷиҳати иҷро командири қисми ҳарбӣ дар мӯҳлати се рӯз судеро , ки ҳукм баровардааст ва нозироти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро огоҳ месозад. Нусхаи фармон ба суд фиристода мешавад.
 
Моддаи 152. Ташкили иҷрои ҷазо дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ
1. Нозироти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ин навъи ҷазоро ба ҷо меорад, баҳисобгирии ҳамаи ашхоси ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ маҳкумшударо анҷом медиҳад; тартиб ва шароити адои ҷазоро тавзеҳ медиҳад; назорати саҳеҳи нигоҳ доштани маблағро аз таъминоти пулии маҳкумшудагон, инчунин аз ҷониби фармондеҳи қисмҳои ҳарбӣ риоя кардани шароити адои ҷазоро, ки қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, анҷом медиҳад; дар гузаронидани корҳои тарбиявӣ бо маҳкумшудагон иштирок менамояд; нисбат ба маҳкумшудагон чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотиро татбиқ мекунад; ҷустуҷӯи маҳкумшудагонеро, ки ҷои зисташон номаълум аст, анҷом медиҳад.
2. Дар сурати ба эҳтиёт ё истеъфо рафтани хизматчии ҳарбӣ, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ адо мекунад, суд мӯҳлати адонашудаи ҷазоро бо ҷазои корҳои ислоҳӣ иваз мекунад. Агар хизматчии ҳарбӣ ҳангоми озод шудан аз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайри қобили меҳнат эътироф шуда бошад, суд ӯро аз ҷазо озод мекунад.
 
Моддаи 153. Шароити адои ҷазои маҳдуд кардани хизмати ҳарбӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ
1. Ашхоси ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ маҳкумшуда вазифадоранд тартиб ва шартҳои иҷрои ҷазоро риоя намуда, нисбат ба хизмати ҳарбӣ софдилона муносибат кунанд.
2. Аз таъминоти пулии ашхоси ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ маҳкумшуда дар давоми мӯҳлати адои ҷазо дар миқдори муайяннамудаи ҳукми суд нигоҳ доштани маблағ ба фоидаи давлат анҷом дода мешавад.
3. Дар давоми мӯҳлати адои ҷазои маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ бо хоҳиши худ аз ҷои хизмат ба дигар ҷой гузаронидани маҳкумшудагон бидуни иҷозати нозироти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ин намуди ҷазоро ба ҷо меорад, манъ аст.
4. Мӯҳлати адои ҷазо ба собиқае, ки барои гирифтани имтиёз, иловапулии фоизнок ва таъминоти пулию моддӣ ҳуқуқ медиҳад, ба ҳисоб гирифта намешавад.
5. Ашхоси ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ маҳкумшуда ба рухсатии пардохташаванда бо давомнокии бист рӯз ҳуқуқ доранд.
6. Ба ашхосе, ки ин намуди ҷазоро адо мекунанд, кӯмакпулӣ оид ба корношоямии муваққатӣ, ҳомила ва таваллуд аз ҳисоби маблағҳои пулӣ, баъди нигоҳ доштани маблағи тибқи ҳукми суд таъингардида, дода мешавад.
 
Моддаи 154. Баҳисобгирии мӯҳлати маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ
1. Мӯҳлати адои ҷазои маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ бо моҳҳо ва рӯзҳо, ки дар тӯли он маҳкумшуда хизматро адо менамуд ва нигоҳ доштани маблағ аз таъминоти пулии ӯ сурат мегирифт, ҳисоб карда мешавад. Ба ин мӯҳлат инчунин вақте ки дар давоми он маҳкумшуда бо сабабҳои узрнок дар хизмат набуд, низ ба ҳисоб гирифта мешавад.
2. Агар дар давраи адои ҷазои маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ нисбат ба маҳкумшуда муҷозоти интизомӣ дар намуди нигоҳ доштан дар гауптвахта ё тибқи тартиби чораи пешгирӣ баҳабсгирӣ истифода бурда шавад, дар ин сурат ин мӯҳлат ба мӯҳлати адои ҷазои маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба ҳисоб гирифта намешавад.
 
Моддаи 155. Аз ҷое ба ҷое гузаронидани хизматчии ҳарбии маҳкумшуда вобаста ба хизмат
Агар бо назардошти хусусияти ҷинояти содиршуда ва дигар ҳолатҳо дар мансаб будани хизматчии ҳарбии маҳкумшуда вобаста бо роҳбарӣ ба тобеон имконнопазир бошад, ӯ бо қарори командири қисми ҳарбии дахлдор, бо мувофиқаи нозироти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳудуди қисми ҳарбӣ ва ё ба дигар қисм ё маҳалл ба вазифаи дигар гузаронида мешавад ва дар ин маврид суде, ки ҳукм баровардааст, огоҳ карда мешавад.
 
Моддаи 156. Тартиби нигоҳ доштани маблағ аз таъминоти пулии ашхоси ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ маҳкумшуда
1. Ҳаҷми нигоҳдошташавандаи маблағ аз таъминоти пулии хизматчии ҳарбии маҳкумшуда, ки бо ҳукми суд муқаррар карда шудааст, аз рӯи маоши мансабӣ, маош вобаста ба рутбаи ҳарбӣ, иловапулиҳои ҳармоҳа , иловапулиҳо ва дигар пардохтҳои пулии иловагӣ бидуни хориҷ кардани пардохтҳои гуногун аз ин маблағ, инчунин сарфи назар аз мавҷуд будани даъво вобаста ба варақаҳои иҷро нисбат ба маҳкумшуда, ҳисоб карда мешавад.
2. Аз инҳо нигоҳ доштани маблағ анҷом дода намешавад: ёрдампулие, ки тибқи тартиби таъминоти иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ дода мешавад; пардохтҳои дорои хусусияти якдафъаина; маблағҳое, ки ҳамчун ҷубронпулӣ барои хароҷот вобаста ба сафарҳои хизматӣ пардохта шудаанд , инчунин дигар ҷубронпулиҳо.
3. Маблағҳои нигоҳдошташуда ҳар моҳ дар рӯзи додани таъминоти пулии кафолатдодашуда ба фоидаи давлат гузаронида мешаванд.
 
Моддаи 157. Ӯҳдадории фармондеҳии қисмҳои ҳарбии маҳалли адои ҷазои ашхоси ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ маҳкумшуда
Ба зиммаи фармондеҳии қисмҳои ҳарбии маҳалли адои ҷазои ашхоси ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ маҳкумшуда ӯҳдадориҳои зайл гузошта мешавад:
а) ба маълумоти ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ расонидани ҳукми суд;
б) назорати рафтори маҳкумшудагон дар хизмат ва маишат ва иштирок дар корҳои тарбиявӣ нисбат ба маҳкумшудагон;
в) дуруст ва сари вақт нигоҳ доштани маблағ аз таъминоти пулии маҳкумшудагон ба фоидаи давлат ва интиқоли сари вақти маблағи нигоҳдошташуда тибқи тартиби муқарраргардида;
г) огоҳ намудани нозироти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси нисбат ба маҳкумшуда истифода бурдани чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозот, дар хусуси рафтори шоиста ва саркашии ӯ аз адои ҷазо;
д) қатъиян риоя намудани тартиб ва шароитҳои адои ҷазои маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, ки ҳамин Кодекс пешбинӣ кардааст.
 
Моддаи 158. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотӣ нисбат ба ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ адо мекунанд
1. Нисбат ба ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ адо мекунанд, фармондеҳии қисми ҳарбии маҳалли адои ҷазо, инчунин нозироти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ҷазоро анҷом медиҳад, мутобиқи Низомнома дар бораи адои хизмати ҳарбӣ чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотро истифода мебаранд.
 2. Ҳангоми рафтори шоиста ва муносибати софдилона ба хизмати ҳарбӣ маҳкумшудагон аз ҷониби фармондеҳии қисми ҳарбӣ, бо мувофиқаи нозироти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ҷазоро анҷом медиҳад, барои шартан пеш аз мӯҳлат озод шуданашон пешниҳод шуда метавонанд.
 
Моддаи 159. Қатъ кардани иҷрои ҷазо дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ
 Дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз то гузашти мӯҳлати маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, ки бо ҳукми суд муқаррар ва бо фармон дар қисми ҳарбӣ эълон шудааст, командири қисми ҳарбӣ, бо огоҳонии минбаъдаи нозироти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди қатъ кардани иҷрои ҷазои маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ бо зикри таърихи қатъ кардани он фармон мебарорад. Нусхаи қарор ба суде, ки ҳукм баровардааст, фиристода мешавад.
 
 
БОБИ 17 аз Кодекс хориҷ карда шудааст. (Қ ҶТ аз 15.07.04с. №48)
 
БОБИ 17
ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ ҲАБС НИСБАТ БА
ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИИ МАҲКУМШУДА
 
Моддаи 160. хориҷ карда шудааст. (Қ ҶТ аз 15.07.04с. №48)
Моддаи 161. хориҷ карда шудааст. (Қ ҶТ аз 15.07.04с. №48)
Моддаи 162. хориҷ карда шудааст. (Қ ҶТ аз 15.07.04с. №48)
Моддаи 163. хориҷ карда шудааст. (Қ ҶТ аз 15.07.04с. №48)
Моддаи 164. хориҷ карда шудааст. (Қ ҶТ аз 15.07.04с. №48)
Моддаи 165. хориҷ карда шудааст. (Қ ҶТ аз 15.07.04с. №48)
 
БОБИ 18
ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ НИГОҲ ДОШТАН ДАР ҚИСМИ ҲАРБИИ ИНТИЗОМӢ
 
Моддаи 166. Маҳалли адои ҷазои нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ
1. Хизматчиёни ҳарбие, ки ба нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ маҳкум шудаанд, ҷазоро дар баталонҳои алоҳидаи интизомӣ ё ротаҳои алоҳидаи интизомӣ адо мекунанд. Сохтори ташкилии қисмҳои ҳарбии интизомӣ ва ҳайати он аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
2. Ашхосе, ки ҷазоро дар намуди нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ адо мекунанд, дорои ӯҳдадорӣ ва ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи қонун ва оинномаҳои ҳарбӣ мебошанд, ки барои хизматчиёни хизмати хатмии ҳарбӣ, бо маҳдудиятҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ, муқаррар карда шудааст.
 
Моддаи 167. Тартиби фиристодан ва қабули хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда барои нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ
1. Хизматчиёни ҳарбие, ки барои нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ маҳкум шудаанд, аз ҷониби командири қисми ҳарбӣ дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи гирифтани фармоиши суд дар бораи иҷрои ҳукме, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, таҳти назорати посбонон барои адои ҷазо фиристода мешаванд.
2. Тартиби фиристодан ва қабули хизматчиёни ҳарбии маҳкумшударо Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ муайян мекунад.
3. Фармондеҳии қисми ҳарбӣ вазифадор аст, оилаи маҳкумшударо, ки нисбат ба ӯ ҳукм эътибори қонунӣ пайдо кардааст, дар хусуси ҷиҳати адои ҷазо ба куҷо фиристода шуданаш огоҳ созад.
4. Фармондеҳии қисми ҳарбии интизомӣ судеро, ки ҳукм баровардааст, дар мавриди иҷрои он ва маҳалли аз тарафи маҳкумшуда адо намудани ҷазо фавран огоҳ месозад.
 
Моддаи 168. Воситаҳои асосии ислоҳи ашхоси ба нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ маҳкумшуда
1. Воситаҳои асосии ислоҳи ашхоси ба нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ маҳкумшуда иборатанд аз: тартиби муқарраршуда ва низоми адои ҷазо, кори тарбиявӣ, омодагии ҷангӣ ва башардӯстона, инчунин меҳнат.
2. Воситаҳои ислоҳи маҳкумшудагон бо назардошти хусусият ва дараҷаи хавфи ҷамъиятии ҷинояти содиршуда , шахсияти маҳкумшуда, инчунин рафтор ва муносибати ӯ ба хизмати ҳарбӣ ва меҳнат истифода бурда мешаванд.
 
Моддаи 169. Низом дар қисми ҳарбии интизомӣ
1. Дар қисми ҳарбии интизомӣ тартиби иҷро ва адои ҷазо, ки ба ислоҳи хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда, тарбияи интизоми ҳарбии онҳо мусоидат намуда, муносибати бошууронаро нисбат ба хизмати ҳарбӣ, иҷрои ӯҳдадории ҳарбии ба зиммаашон гузошташуда ва талабот оид ба омодагии ҳарбӣ, татбиқи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунӣ, ҳифзи хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда ва назорати онҳо, амнияти шахсии хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда ва кормандони қисми ҳарбии зикршударо таъмин менамояд, муқаррар карда мешавад.
2. Низом дар қисми ҳарбии интизомӣ мутобиқи талаботи боби 10 ҳамин Кодекс ва ҳамин модда таъмин карда мешавад.
3. Хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда бояд талаботи низоми дар қисми ҳарбии интизомӣ муқарраршударо риоя кунанд.
4. Дар давраи адои ҷазо дар қисми ҳарбии интизомӣ ҳамаи хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда, сарфи назар аз рутбаи ҳарбӣ ва мансаби қаблан ишғолнамудаашон, дар вазъи сарбоз (аскар) қарор доранд.
5. Маҳкумшудагон сару либоси муқарраргардидаи якхелаи дорои погонҳои аскари қаторӣ мепӯшанд. Ба онҳо иҷозат дода мешавад, ки танҳо мӯи сари кӯтоҳ ороста дошта бошанд. Маҳкумшудагон мутобиқи Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ метавонанд дар ҳудуди қисми ҳарбӣ ҳаракат кунанд, таҳти кофтуков қарор гирифтанашон мумкин аст. Мукотиботи маҳкумшудагон таҳти сензура қарор дода шуда ва фириста, дастовез ва бастаи онҳо аз назар гузаронида (тафтиш карда) мешавад.
6.Пул, коғазҳои киматнок ва дигар арзишҳое, ки аз хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда ёфт шудаанд, гирифта шуда мутобиқи қоидаҳои муайяншуда то адои мӯҳлати ҷазо нигоҳ дошта мешаванд.ашёҳо ва моддаҳои манъшудае, ки аз хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда гирифта шудаанд, барои нигоҳдорӣ супорида мешаванд ё бо фармони командири қисми ҳарбии интизомӣ нобуд карда, дар ин бора санади дахлдор тартиб дода мешавад.
7. Номгӯӣ, миқдори асбобу анҷом ва ашёе, ки маҳкумшудагон бо худ дошта метавонанд, тибқи Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ муқаррар карда мешавад.
8. Тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс, инчунин Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки бо ҳисоби ғайринақдӣ озуқаворӣ, маводи мавриди ниёз ва дигар молҳои саноатии истифодаашон манънашударо харидорӣ кунанд, хароҷоти хизматрасонии иловагии табобату пешгирии бемориро пардозанд, фириставу дастовез ва баста гиранд, мулоқот кунанд, мукотиба ва гуфтугӯҳои телефонӣ дошта бошанд, пул фиристанд ва муросилоти пулӣ гиранд.
 
Моддаи 170. Тартиби рӯз дар қисми ҳарбии интизомӣ
1. Дар қисми ҳарбии интизомӣ тартиби дохилии рӯз аз ҷониби командири ин қисм мувофиқи Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ, ки мутобиқи ҳамин Кодекс таҳия шудааст, муайян карда мешавад.
2. Тартиби рӯзи маҳкумшудагон бояд рафтори қатъии батанзимдаровардашудаи онҳоро дар давоми рӯз пешбинӣ намуда, вақти корӣ, фароғат, гузаронидани омодагии ҷангӣ ва хизматиро дар бар гирад.
3. Тартиби рӯз тибқи фармон ба маълумоти ҳамаи маҳкумшудагон расонида мешавад.
 
 
 
 
Моддаи 171. Низоми шароитҳои махсус дар қисми ҳарбии интизомӣ
Маҳдуд кардан, боздоштан ва ё иваз кардани низом дар қисми ҳарбии интизомӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
Моддаи 172. Мулоқот, гуфтугӯи телефонӣ ва гирифтани фиристаю дастовез ва баста аз ҷониби маҳкумшудагон
1. Ба хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда мулоқот дода мешавад:
а) кӯтоҳмуддат, бо давомнокии то чор соат, вале на бештар аз як маротиба дар як моҳ;
б) дарозмуддат, дар ҳудуди қисми ҳарбии интизомӣ бо давомнокии на бештар аз се шабонарӯз, вале на бештар аз як маротиба дар ду моҳ.
2. Мулоқоти кӯтоҳмуддат дар ҳузури намояндаи қисми ҳарбии интизомӣ дода мешавад. Мулоқоти дарозмуддат бо ҳуқуқи зисти якҷоя бо хешовандони наздик ва дар ҳолатҳои мустасно бо дигар ашхос дода мешавад.
3. Дар ҳолатҳои бемории вазнини маҳкумшуда командири қисми ҳарбии интизомӣ ба хешовандони наздики маҳкумшуда иҷозат медиҳад, ки ӯро хабар гиранд.
4. Барои гирифтани кӯмаки ҳуқуқӣ тибқи аризаи маҳкумшудагон бо адвокат мулоқот фароҳам оварда мешавад. Бо хоҳиши маҳкумшуда ё ашхоси зикргардида мулоқот дар танҳоӣ сурат мегирад.
5. Ба маҳкумшудагон дар сурати мавҷуд будани имконоти техникӣ ҳуқуқи гуфтугӯи телефонӣ дода мешавад. Гуфтугӯи телефонӣ аз ҳисоби шахсии маҳкумшуда пардохта мешавад.
6. Ба маҳкумшудагон мувофиқи хоҳиши онҳо иҷозат дода мешавад, ки мулоқотҳои дарозмуддатро бо мулоқотҳои кӯтоҳмуддат иваз кунанд.
7. Дар давраи адои ҷазо ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки бе маҳдудият фириста, дастовез ва баста г
8. Тартиби фароҳам овардани мулоқот, гуфтугӯи телефонӣ, қабул ва супоридани фириста, дастовез ва баста, инчунин номгӯиашёе, ки гирифтани онҳо ба маҳкумшудагон манъ гардидааст, Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ муқаррар менамояд.
 
Моддаи 173. Аз ҷониби маҳкумшудагон гирифтан ва фиристодани муросилоти пулӣ
1. Ба хизматчиёни ҳарбии ба нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ маҳкумшуда иҷозат дода мешавад, ки муросилоти пулӣ гиранд ва пул фиристанд.
2. Маблағҳои пулии ба номи маҳкумшудагон воридгардида ба ҳисобномаи шахсии онҳо гузаронида шуда, дар ин маврид маҳкумшудагон огоҳ карда мешаванд. Баргардонидани ин маблағҳо ба маҳкумшудагон ҳангоми озод карда шуданашон сурат мегирад.
 
Моддаи 174. Аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда харидани озуқаворӣ ва дигар маводи мавриди ниёз
Маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд, ки аз маблағи дар ҳисобномаи шахсиашон буда бе маҳдудият озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз харанд.
 
Моддаи 175. Мукотибаи хизматчиёни ҳарбии ба нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ маҳкумшуда
1. Ба маҳкумшудагон иҷозат дода мешавад, ки аз ҳисоби шахсии худ бидуни маҳдудият мактубу барқия гиранд ва фиристанд.
2. Супурдани мактуби ба номи маҳкумшуда расида, инчунин фиристодани онҳо аз ҷониби старшинаи рота ё муовини командири взвод дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи расидани он ба қисми ҳарбӣ ё супурдани он аз ҷониби маҳкумшуда анҷом дода мешавад.
 
Моддаи 176. Сафарҳои кӯтоҳмуддат берун аз ҳудуди қисми ҳарбии интизомӣ
1. Ба хизматчиёни ҳарбии маҳкумшудаи дар қисми ҳарбии интизомӣ ҷойгиршуда мумкин аст сафари кӯтоҳмуддат берун аз ҳудуди қисми ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати на бештар аз ҳафт шабонарӯз, бидуни назардошти вақти барои рафтуомади зарурӣ (на бештар аз 5 шабонарӯз)дар ҳолатҳои мустаснои шахсӣ иҷозат дода шавад: фавт ё бемории вазнини хешовандони наздик, ки ба ҳаёти бемор таҳдид мекунад; офатҳои табиӣ, ки ба маҳкумшуда ё аъзои оилаи ӯ зарари калони моддӣ расонидааст.
2. Аризаи маҳкумшуда дар мавриди сафари фаврӣ вобаста ба ҳолатҳои мустаснои шахсӣ бояд дар мӯҳлати як шабонарӯз баррасӣ шавад. Иҷозати сафари кӯтоҳмуддат аз тарафи командири қисми ҳарбии интизомӣ ё сардори штаб, бо мувофиқаи прокурори ҳарбӣ, бо назардошти шахсият ва рафтори маҳкумшуда дода мешавад. Радди иҷозати сафари кӯтоҳмуддат бояд асоснок карда шавад. Мӯҳлати берун аз ҳудуди қисми ҳарбии интизомӣ қарор доштани маҳкумшуда ба мӯҳлати адои ҷазо ба ҳисоб гирифта мешавад. Арзиши роҳи маҳкумшуда шахсан ё аз ҷониби хешовандони ӯ пардохта мешавад. Ҳангоми берун аз ҳудуди қисми ҳарбии интизомӣ қарор доштан ба маҳкумшуда музди меҳнат ҳисоб карда намешавад.
3. Тартиби ба маҳкумшудагон додани сафари кӯтоҳмуддат берун аз ҳудуди қисми ҳарбии интизомӣ вобаста ба ҳолатҳои мустаснои шахсӣ аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мувофиқаи Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян карда мешавад.
 Моддаи 177. Аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардани ашхоси дар қисми ҳарбии интизомӣ ҷойгиркардашуда бидуни посбон
1. Ба маҳкумшудагони алоҳидае, ки ба қатори ислоҳшудагон дохил карда шудаанд, пас аз адои на камтар аз сеяки мӯҳлати ҷазо мумкин аст иҷозати аз як ҷой ба ҷойи дигар ҳаракат кардан бидуни посбон берун аз ҳудуди қисми ҳарбии интизомӣ дода шавад, агар ин вобаста ба хусусияти кори иҷро менамудаи ӯ зарур бошад. Иҷозати аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардан бидуни посбон бо фармони командири қисми ҳарбии интизомӣ ба расмият дароварда мешавад.
2. Қоидаҳои рафтори маҳкумшудагоне, ки барояшон иҷозати аз як ҷой ба ҷойи дигар ҳаракат кардан бидуни посбон берун аз ҳудуди қисми ҳарбии интизомӣ дода шудааст, аз ҷониби командири ин қисм муайян карда мешавад.
3. Дар сурати аз ҷониби маҳкумшуда вайрон кардани низом, қоидаҳои рафтор ё тағйир ёфтани хусусияти кор, аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат кардан бидуни посбон мувофиқи фармони командири қисми ҳарбии интизомӣ бекор карда мешавад.
 
Моддаи 178. Талаботи низом дар корхонаҳо ва иншооти истеҳсолии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар корхонаҳо, устохонаҳои қисми ҳарбии интизомӣ ва иншооти истеҳсолии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи меҳнати ашхоси гражданӣ иҷозат дода мешавад. Тартиби муносибати чунин ашхосро, ки якҷоя бо маҳкумшудагон кор мекунанд, Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ муайян мекунад.
 
Моддаи 179. Чораҳои амниятӣ ва асосҳои истифодаи силоҳ
Чораҳои амниятӣ ва асосҳои истифодаи кувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳ тибқи моддаи 87 ҳамин Кодекс танзим карда мешаванд. (ҚҶТ аз 22.07.2013с.,№979)
 
Моддаи 180. Таклиф ва арзу шикояти маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ адо мекунанд
1. Таклиф ва арзу шикояти маҳкумшудагон, ки ба унвонии прокурори ҳарбӣ, суд ва мақомоти давлатӣ, ки ҳуқуқи назорати фаъолияти қисмҳои ҳарбии интизомиро доранд, фиристонида мешаванд, аз назар гузаронида намешаванд ва дар мӯҳлати на дертар аз як шабонарӯз тибқи марбутият фиристода мешаванд.
2. Оид ба натичаҳои баррасии таклиф ва арзу шикоят ба маҳкумшуда таҳти забонхат эълон карда мешавад.
 
Моддаи 181. Корҳои тарбиявӣ бо маҳкумшудагоне, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд
1. Бо ашхосе, ки ҷазоро дар қисми ҳарбии интизомӣ адо мекунанд, фармондеҳии ин қисм, якҷоя бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва хайрия афзалтар аз ҳама бо усули эътиқодмандӣ ва ҳавасмандсозии мусбии рафтори маҳкумшудагон корҳои тарбиявиро мегузаронанд.
2. Корҳои тарбиявӣ бо маҳкумшудагон бояд барои тарбияи онҳо дар рӯҳияи иҷрои софдилонаи қарзи ҳарбии худ, интизоми бошуурона, риояи қатъии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо, талаботи савганди ҳарбӣ ва оинномаҳои ҳарбӣ равона карда шаванд. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1360)
3. Иштироки маҳкумшудагон дар чорабиниҳои тарбиявӣ ҳавасманд гардонида шуда, ҳангоми муайян намудани дараҷаи ислоҳи онҳо ба инобат гирифта мешавад.
 
Моддаи 182. Ташкили корҳои тарбиявӣ
1. Корҳои тарбиявӣ бо ашхосе, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд, аз ҷониби фармондеҳи ин қисм анҷом дода мешавад.
2. Командирҳои қисмҳои ҳарбие, ки аз онҷо хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда фиристода шудаанд, бояд бо командири қисми ҳарбии интизомӣ алоқаи доимӣ дошта, ба рафтори тобеъони қаблиашон таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд ва дар ислоҳи онҳо мусоидат кунанд.
3. Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба фармондеҳии қисми ҳарбии интизомӣ дар гузаронидани корҳои тарбиявӣ бо хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда кӯмак мерасонанд.
 
Моддаи 183. Ташкилотҳои худфаъолият дар қисми ҳарбии интизомӣ
1. Бо максади мусоидат ба фармондеҳии қисми ҳарбии интизомӣ дар кори ислоҳ ва тарбияи маҳкумшудагон аз ҳисоби онҳое, ки бо рафтори шоиста ва муносибати софдилона ба меҳнат ва хизмати ҳарбӣ худро нишон додаанд, шӯроҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд.
2. Тартиби ташкил ва фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятии маҳкумшудагонро Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ муайян мекунад.
 
 
 
Моддаи 184. Омодагии ҷангӣ ва умумибашарии маҳкумшудагоне, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд
1. Омодагии ҷангии маҳкумшудагон тибқи барномаи махсуси таҳиянамудаи фармондеҳии қисми ҳарбии интизомӣ мувофиқи Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ ва Оинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешавад.
2. Бо мақсади ташаккули муносибати эҳтиромона ба арзишҳои инсондӯстӣ, рафтори итоаткорона нисбат ба қонун, боло бардоштани сатҳи фарҳангию маънавӣ, рушди ташаббуси самарабахши маҳкумшудагон дар қисми ҳарбии интизомӣ фаъолияти (омодагии) инсондӯстӣ ба роҳ монда мешавад.
3. Омодагии инсондӯстӣ дар тарбияи ғоявӣ (идеологӣ) маънавӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ ва рушди ҷисмонии маҳкумшуда, ҳамчунин инкишофи фаъолияти ҷамъиятии ӯ зоҳир мегардад. Иштирок дар чорабиниҳои омодагии инсондӯстӣ ҳавасманд гардонида шуда, ҳангоми муайян кардани дараҷаи ислоҳи маҳкумшудагон ба инобат гирифта мешавад.
 
Моддаи 185. Ташкили меҳнати маҳкумшудагоне, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд
1. Ташкили меҳнат бояд ба ҳалли вазифаи ислоҳи маҳкумшудагон нигаронида шавад. Маҳкумшудагон барои меҳнат ба корхонаҳои истеҳсолӣ, устохонаҳои қисми ҳарбии интизомӣ ва ё дар дигар иншоотҳое, ки Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ҷалб карда мешаванд.
2. Меҳнати маҳкумшудагон, ки берун аз қисми ҳарбии интизомӣ ба кор ҷалб карда мешаванд, бояд бо риояи талаботи ҷудонигаҳдорӣ ва назорати посбонон ташкил карда шавад.
3. Номгӯи корҳоеро, ки дар онҳо истифодаи меҳнати маҳкумшудагон манъ аст, Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ муайян мекунад.
4. Меҳнати маҳкумшудагон бо риояи қоидаҳои муҳофизати меҳнат, техникаи бехатарӣ ва беҳдории истеҳсолӣ, ки қонунгузории меҳнат муқаррар намудааст, ташкил карда мешавад.
 
Моддаи 186. Шароити кори ашхосе, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд
1. Барои ашхосе, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ ҷазоро адо мекунанд,вақти кор, оғоз ва анҷоми кор (баста) тибқи Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ муайян карда мешавад. Мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории меҳнат онҳо дар рӯзҳои ид аз кор озод карда мешаванд. Ҳангоми зарурати дар рӯзҳои истироҳат ва ид ба кор ҷалб намудани маҳкумшудагон ба онҳо дар давоми моҳ рӯзҳои дигари истироҳат фароҳам оварда мешавад.
2. Дар баъзе намудҳои кор, ки вобаста ба шароити истеҳсолӣ риояи давомнокии вақти кории муқарраршудаи ҳаррӯза ё ҳарҳафтаина имконнопазир аст, баҳисобгирии маҷмӯии вақти корӣ иҷозат дода мешавад, то ин ки давомнокии ҳисоби миёнаи вақти корӣ дар давраи баҳисобгирӣ аз ҳашт соат дар як рӯз бештар набошад.
3. Ба маҳкумшудагон рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда дода намешавад.
 
Моддаи 187. Пардохти музди меҳнати ашхосе, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд
Музди меҳнати ашхосе, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд, мутобиқи нархгузории муқарраршудаи корхонае, ки хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда дар он кор мекунанд, пардохта мешавад.
 
Моддаи 188. Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнати ашхосе, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд
Аз музди меҳнати ба хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда ҳисобкардашуда барои ҷуброни хароҷоти нигоҳдошти маҳкумшудагон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию маишии онҳо ба ҳисоби қисми ҳарбии интизомӣ гузаронида мешавад. Маблағи боқимондаи музди меҳнати хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда ба ҳисобномаи шахсии онҳо гузаронида мешавад.
 
Моддаи 189. Таъминоти нафакаи ашхосе, ки ҳангоми адои ҷазо кобилияти меҳнатиро аз даст додаанд
Ашхосе, ки ҳангоми адои ҷазо қобилияти меҳнатии худро аз даст додаанд, ба нафақа ва ҷуброни зарар тибқи ҳолатҳо ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
 
Моддаи 190. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ, ки нисбат ба ашхоси дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ нигоҳдошташаванда истифода мегарданд
1. Нисбат ба ашхосе, ки бо рафтори шоиста ва муносибати софдилона ба хизмати ҳарбӣ ва меҳнат ба роҳи ислоҳӣ рафтани хешро собит сохтаанд, инчунин ашхосе, ки дар кори ташкилотҳои худфаъолият, дигар чорабиниҳои тарбиявӣ фаъолона иштирок менамоянд, чораҳои ҳавасмандгардонии зайл истифода шуданаш мумкин аст:
а) раҳматнома эълон кардан;
б) сарфароз намудан бо тӯҳфа;
в) мукофотпулӣ;
г) иҷозат барои мулоқоти иловагии кӯтоҳмуддат ва ё дарозмуддат;
д) пеш аз мӯҳлат бардоштани муҷозоти қаблан додашуда.
2. Хизматчиёни ҳарбии маҳкумшудаеро, ки барои ислоҳи худ ба пурра адо намудани ҷазои таъиннамудаи суд эҳтиёҷманд нестанд, аз ҷониби командири қисми ҳарбии интизомӣ барои шартан пеш аз мӯҳлат аз ҷазо озод шуданашон пешниҳод намудан мумкин аст.
 
Моддаи 191. Чораҳои муҷозоте, ки нисбат ба ашхоси дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ нигоҳдошташаванда истифода мегарданд
1. Барои вайрон кардани талаботи низоми адои ҷазо нисбат ба маҳкумшудагон чораҳои муҷозоти зайл истифода бурда мешаванд:
а) танбеҳ;
б) маҳрум сохтан аз мулоқоти навбатӣ, ё аз гуфтугӯи телефонӣ ба мӯҳлати як моҳ;
в) баҳабсгирӣ тибқи тартиби интизомӣ бо нигоҳ доштан дар гауптвахта ба мӯҳлати то даҳ шабонарӯз.
2. Хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда, ки тибқи тартиби интизомӣ ба ҳабс гирифта шудаанд, ҷазоро дар камераҳои якнафара дар гауптвахтаи қисми ҳарбии интизомӣ адо мекунанд.
 
Моддаи 192. Тартиби татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозот
Тартиби татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозот нисбат ба маҳкумшудагоне, ки дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ҷазоро адо мекунанд ва номгӯи ашхоси мансабдоре, ки ба истифодаи он ҳуқуқ доранд, инчунин доираи салоҳияти онҳоро Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ муайян мекунад.
 
Моддаи 193. Низоми нигоҳ доштани маҳкумшудагон дар гауптвахта
Маҳкумшудагоне, ки тибқи тартиби интизомӣ ба ҳабс гирифта шудаанд, ҳабсро дар гауптвахтаи қисми ҳарбии интизомӣ мувофиқи талаботи Оинномаи хизмати гарнизонӣ ва қаровулиии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ адо мекунанд.
 
Моддаи 194. Таъминоти моддию маишии ашхосе, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд
1. Барои ашхосе, ки дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд, шароити зарурии манзилию маишӣ, ки ба қоидаҳои беҳдорию беҳдоштӣ ва талаботи оинномаҳои ҳарбӣ мутобиқанд, фароҳам оварда мешавад.
2. Хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда тибқи меъёри барои хизматчиёни ҳарбӣ муқарраршуда бо озуқаворӣ ва молу мулки шайъӣ таъмин мегарданд.
3. Таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда ҳар моҳ дар ҳаҷми маоши мансабӣ ё тибқи тарифи дараҷаи якум, ки барои сарбозони даъватшудаи соли аввали хизмат муқаррар шудааст, ба ҳисобномаи шахсии онҳо гузаронида мешавад.
4. Номгӯи ашё таъиноти моддию маишие, ки бо худ доштан, тибқи ҳисоби ғайринақдӣ харидан ё гирифтани онҳо дар посилкаю дастовез ва бандерол ба маҳкумшудагон мумкин аст, мутобиқи Низомномаи қисми ҳарбии интизомӣ муайян карда мешавад.
 
Моддаи 195. Таъминоти тиббиву беҳдории ашхосе, ки дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд
1. Дар қисми ҳарбии интизомӣ корҳои табобатию пешгирӣ ва беҳдорию зиддисироятӣ тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва анҷом дода мешаванд. Фармондеҳии қисми ҳарбии интизомӣ вазифадор аст талаботи зарурии беҳдорию беҳдоштиро, ки ҳифзи саломатии маҳкумшудагонро таъмин мекунад, иҷро кунад. Маҳкумшудагон вазифадоранд талаботи беҳдоштӣ ва беҳдории ба онҳо марбутаро ба ҷо оранд.
2. Дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ нуқтаҳои зарурии табобативу пешгирӣ (қисмҳо, муассисаҳо) таъсис дода мешаванд. Маҳкумшудагони бемор дар ҳолатҳои зарурӣ барои муолиҷа таҳти посбонӣ ба шифохонаҳои ҳарбӣ (госпитал) фиристода шуда, дар палатаҳои махсус ҷиҳозонидашуда нигоҳ дошта мешаванд. Посбонии хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда дар ҳудуди шифохонаи ҳарбӣ аз ҷониби қувваҳои сардори гарнизони маҳалли ҷойгиршавии шифохонаи ҳарбӣ ва воситаҳои он анҷом дода мешавад.
3. Тартиби ба маҳкумшудагон расонидани ёрии тиббӣ, ташкил ва гузаронидани назорати беҳдорӣ, истифодаи муассисаҳои табобатию пешгирӣ ва беҳдорию пешгирӣ ва барои чунин мақсад ҷалб намудани кормандони соҳаи тибро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
 
Моддаи 196. Баҳисобгирии мӯҳлати дар қисми ҳарбии интизомӣ гузаронидаи хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда ба собиқаи умумии хизмати ҳарбӣ
1. Мӯҳлати дар қисми ҳарбии интизомӣ гузаронидаи хизматчии ҳарбии маҳкумшуда ба собиқаи умумии хизмати ҳарбӣ ба ҳисоб гирифта намешавад.
2. Мӯҳлати дар қисми ҳарбии интизомӣ гузаронидаи хизматчии ҳарбии маҳкумшуда, ки соҳиби ихтисоси ҳарбӣ буда, талаботи оинномаҳои ҳарбиро медонад ва дақиқ ба ҷо меорад, хизматро софдилона адо мекунад ва аз қисми ҳарбии интизомӣ пас аз гузаштани мӯҳлати даъват озод карда мешавад, ба собиқаи умумии хизмати ҳарбӣ ба ҳисоб гирифта шуданаш мумкин аст.
3. Тартиби ба собиқаи умумии хизмати ҳарбӣ ба ҳисоб гирифтани мӯҳлати дар қисми ҳарбии интизомӣ гузаронидаи хизматчии ҳарбии маҳкумшуда аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад
 
ФАСЛИ VII
ИҶРОИ ҶАЗОҲОИ ИЛОВАГӢ
БОБИ 19
ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МАҲРУМ КАРДАН АЗ РУТБАҲОИ ҲАРБӢ, ДИПЛОМАТӢ, РУТБАҲО, УНВОНҲОИ МАХСУС, МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ ВА УНВОНҲОИ ИФТИХОРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Моддаи 197. Иҷрои ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон
1. Суде, ки дар мавриди маҳрум кардани шахси маҳкумшуда аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон ҳукм баровардааст, пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани он нусхаи ҳукмро ба мақом ё шахси мансабдоре, ки ба маҳкумшуда рутбаи ҳарбӣ ё дипломатӣ ё унвонҳои махсус ё ӯро бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонидааст, мефиристад.
2. Бо гирифтани нусхаи ҳукми суд шахси мансабдор тибқи тартиби муқарраршуда ба асноди дахлдор дар мавриди маҳрум кардани маҳкумшуда аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, унвонҳои махсус ё мукофотҳои давлатӣ сабт ворид намуда, инчунин оид ба маҳрум кардани ӯ аз ҳуқуқ ва имтиёзе, ки барои ашхоси дорои чунин рутба, унвон ё мукофот пешбинӣ шудааст, чораҳо меандешад. (Қ ҶТ аз 15.07.04с. №48)
3. Нусхаи ҳукми суд нисбат ба хизматчии ҳарбии эҳтиётӣ ба комиссариати ҳарбии маҳалле, ки ӯ дар он ҷо дар қайди ҳарбӣ мебошад, фиристода мешавад.
4. Шахси мансабдор судеро, ки ҳукм баровардааст, дар давоми як моҳ баъди гирифтани нусхаи ҳукм дар мавриди иҷрои ҷазо огоҳ месозад.
 
БОБИ 20
ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ МУСОДИРАИ МОЛУ МУЛК
 
Моддаи 198. Тартиби иҷрои ҳукми суд дар хусуси мусодираи молу мулк
1. Суде, ки ҳукм баровардааст ва дар он ба сифати ҷазои иловагӣ мусодираи молу мулк пешбинӣ гардидааст, баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани он варақаи иҷроӣ, нусхаи рӯйхати молу мулк ва нусхаи ҳукмро чиҳати иҷро ба иҷрочии мақомоти иҷро мефиристад ва дар ин маврид мақомоти дахлдори молия ва идораи амволи давлатиро огоҳ месозад. Ҳангоми дар парванда мавҷуд набудани рӯйхати молу мулки маҳкумшуда дар хусуси он, ки рӯйхати молу мулк тартиб дода нашудааст, маълумотнома фиристода мешавад. (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1854)  
2. Иҷрои ҷазо дар намуди мусодираи молу мулк аз ҷониби иҷрочиёни мақомоти иҷро анҷом дода мешавад. (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1854)  
 
Моддаи 199. Молу мулке, ки бояд мусодира карда шавад
1. Молу мулки маҳкумшуда, аз ҷумла ҳиссаи ӯ дар моликияти умумӣ, сармояи оинномавии (шариконаи) ташкилотҳои тиҷоратӣ, пул, коғазҳои қиматнок, дигар арзишҳо, аз ҷумла оне, ки дар ҳисобномаҳо, амонат ё барои нигаҳдошт дар ташкилотҳои молиявию қарзӣ ва бонкҳо гузошта шудааст, инчунин молу мулке, ки маҳкумшуда барои идораи ба боварӣ асосёфта супурдааст, мусодира карда мешавад. Тартиби мусодираи молу мулки маҳкумшуда, ки дар сармояи оинномавии ташкилоти тиҷоратӣ мебошад, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ 23.11.15. №1230) (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
2. Баҳсҳо дар мавриди марбутияти молу мулк, ки мувофиқи ҳукми суд бояд мусодира карда шавад, мутобиқи тартиби мурофиаи гражданӣ ҳал карда мешаванд.
 
Моддаи 200. Амали иҷрочии суд оид ба иҷрои ҳукми суд дар бораи мусодираи молу мулк
1. Иҷрочии мақомоти иҷро пас аз гирифтани варақаи иҷро, нусхаи руйхати молу мулк ва нусхаи ҳукми суд фавран мавҷуд будани молу мулки дар рӯйхат бударо тафтиш карда ва дигар молу мулки мусодира шавандаро ошкор намуда, ба рӯйхат дохил мекунад. Дар сурати мавҷуд будани маълумотнома оид ба он, ки рӯйхати молу мулк тартиб дода нашудааст, иҷрочии мақомоти иҷро дар мавриди ошкор намудани молу мулки мусодирашавандаи маҳкумшуда, ки таҳти мусодира бояд қарор гирад, тадбирҳо меандешад ва ҳангоми пайдо кардани онҳо рӯйхати чунин молу мулкро тартиб медиҳад. (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1854)  
2. Дар номнавис номгӯи пурра ва дақиқи ҳар як ашё, аломати фарқкунандаи он, аз ҷумла вазн, ҳаҷм, ранг, метр, дараҷаи кӯҳнашавӣ ва хусусиятҳои хоси молу мулк зикр карда мешавад.Чизу чораи рӯихатшуда пломба ё мӯҳр гузошта шуда, оиди он дар рӯйхат сабти махсус гузошта мешавад ва барои нигоҳдошт супурда мешавад. Дар рӯйхати молу мулк инчунин маълумот дар бораи ҳиссаи маҳкумшуда дар моликияти умумӣ, сармояи оинномавии (шариконаи) ташкилотҳои тиҷоратӣ, оиди пул ва коғазҳои қиматнок, дигар арзишҳо (сарват) аз ҷумла, ки дар ҳисобномаҳо ва ба амонат ё барои нигоҳдошт дар ташкилотҳои молиявию кредитӣ ва бонкҳо гузошта шудаанд, бо ҳамроҳ кардани маълумотномаҳои ташкилотҳо ва бонкҳои зикршуда дохил карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
3. Иҷрочии мақомоти иҷро вазифадор аст ҷиҳати ҳифзи молу мулки мусодирашаванда ва дар руйхат сабтгардида чораҳои зарурӣ андешад.
4. Ҳиссаи маҳкумшуда дар моликияти умумӣ бо пешниҳоди (дархости) иҷрочии мақомоти иҷро аз ҷониби суди ноҳиявӣ ё шаҳр тибқи тартиби мурофиаи гражданӣ муайян карда мешавад. (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1854)
 
Моддаи 201. Ӯҳдадориҳои ашхоси сеюм нисбат ба молу мулки мусодирашаванда
1. Корхонаю ташкилот, муассиса ва шаҳрвандоне, ки дар ихтиёри онҳо молу мулки тибқи ҳукми суд мусодирашаванда мавҷуд аст, бояд дар ин бора ба суд ё мақомоти дахлдори молия ва идораи амволи давлатӣ хабар диҳанд. (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1854)
2. Корхонаю ташкилот, муассиса ва шаҳрвандоне, ки молу мулки зикршуда барояшон мувофиқи моддаи 200 ҳамин Кодекс ҷиҳати нигаҳдошт супурда шудааст,ӯҳдадоранд муҳофизати онро таъмин намоянд.
3. Барои пинҳон кардан, вайрон кардан, аз худ намудан ё исроф кардани молу мулки зикргардида гунаҳкорон мутобиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 202. Ба мақомоти дахлдор супоридани молу мулки мусодирашуда
1. Молу мулки мусодирашуда мувофиқи талаботи қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда пас аз қонеъ намудани тамоми даъвои (талаботи) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба маҳкумшуда пешниҳодгардида ба мақомоти дахлдор супорида мешавад.
2. Маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок, металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва дигар молу мулки мусодирашудаи ҳаммонанд, ба истиснои молу мулке, ки дар қисми 3 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, ба мақомоти молия супорида мешаванд.
3. Молу мулки ғайриманқул, воситаҳои нақлиёт, воситаҳои техникӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, саноатӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маводи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ ва дигар молу мулки мусодирашудаи ҳаммонанд ба мақомоти идораи амволи давлатӣ супорида мешаванд.
4. Хароҷоти интиқол, нигоҳдории молу мулк, барқарорсозии ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва техникӣ аз ҷониби мақомоти дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур пешбинигардида пардохт карда мешаванд.
5. Вобаста ба даъво, ки бояд аз ҳисоби молу мулки мусодирашудаи маҳкумшуда қонеъ гардонда шавад, давлат дар ҳудуди дороӣ ҷавоб медиҳад. (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1854)
 
Моддаи 203. Мусодираи молу мулке, ки пас аз иҷрои ҳукм ошкор карда шудааст
Суд то гузашти мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун оиди даъвои иҷрои ҳукми айбдоркунанда, бо пешниҳоди иҷрочии мақомоти иҷро масъалаи мусодираи молу мулкро ҳал мекунад. Суде, ки ҳукм баровардааст ё суди маҳалли иҷрои ҳукм бо пешниҳоди иҷрочии мақомоти иҷро дар бораи мусодираи молу мулки мусодиранашудаи маҳкумшуда, ки баъд муайян карда шудаанд, ки ӯ то баровардани ҳукм ва ё баъди баровардани ҳукм, вале аз ҳисоби маблағе, ки бояд мусодира шавад ба даст овардааст, таъинот мебарорад. (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1854)  
 
Моддаи 204. Анҷоми амалҳои иҷроиявӣ
1. Баъди ба мақомоти молия ва идораи амволи давлатӣ супурдани молу мулки мусодирашуда варақаи иҷроия бо сабт дар бораи иҷрои ҳукм оиди мусодираи молу мулк ба суде, ки ҳукм баровардааст, баргардонида мешавад. (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1854)  
2. Мақомоти молия ва идораи амволи давлатӣ ба суде, ки ҳукм баровардааст, оид ба маълумоти тасдиқкунандаи иҷрои ҳукм дар қисмати мусодираи молу мулк хабар медиҳанд. Тартиби ихтиёрдорӣ, нигоҳдорӣ, баҳодиҳӣ ва фурӯши молу мулки ба манфиати давлат мусодиракардашуда аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1854)  
 
ФАСЛИ VIII
ОЗОД НАМУДАН АЗ АДОИ ҶАЗО. КӮМАК БА МАҲКУМШУДАГОН, КИ АЗ АДОИ ҶАЗО ОЗОД КАРДА МЕШАВАНД ВА НАЗОРАТИ ОНҲО
 
БОБИ 21
ОЗОД НАМУДАН АЗ АДОИ ҶАЗО КӮМАК БА МАҲКУМШУДАГОНЕ, КИ АЗ АДОИ ҶАЗО ОЗОД КАРДА МЕШАВАНД ВА НАЗОРАТИ ОНҲО
 
Моддаи 205. Асосҳои озод намудан аз адои ҷазо.
Маҳкумшудагон дар асосҳои зайл аз адои ҷазо озод карда мешаванд:
а) пас аз адои мӯҳлати ҷазои таъиннамуда бо ҳукми суд;
б) бо қувваи санади авф ё бахшиши ҷазо;
в) бекор кардани ҳукми суд, бо қатъ карда шудани парвандаи ҷиноятӣ;
г) шартан, пеш аз мӯҳлат аз адои минбаъдаи ҷазо озод кардан;
д) ба намуди ҷазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо;
е) бемории вазнин ё маъюбӣ;
ж) вобаста ба ҳолатҳои фавқулодда;
з) бо асосҳои дигари пешбининамудаи қонун.
 
Моддаи 206. Қатъи адои ҷазо ва тартиби озод кардан
1. Адои ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардани озодӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ, инчунин маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ва нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ дар рӯзи охирини мӯҳлати ҷазо, бо назардошти он тағьиротҳое, ки мутобиқи қонун ба мӯҳлати ҷазо ворид карда мешаванд, қатъ мегардад.
2. Ашхоси ба маҳдуд кардани озодӣ ва маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда дар қисмати ( нимаи) аввали рӯзи охирини мӯҳлати ҷазо озод карда мешаванд. Агар мӯҳлати ҷазо дар рӯзи истироҳат ё рӯзи ид хотима ёбад, маҳкумшудагон дар арафаи рӯзи истироҳат ё арафаи рӯзи ид аз адои ҷазо озод карда мешаванд. Ҳангоми бо моҳҳо ба ҳисоб гирифтани мӯҳлати ҷазо он дар санаи дахлдори моҳи охири адои ҷазо ва агар ҳамин моҳ дорои санаи дахлдор набошад - дар рӯзи охирини ҳамин моҳ хотима меёбад.
3. Пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод намудани маҳкумшуда дар рӯзи ворид гардидани асноди дахлдор ва агар асноди озод намудан пас аз хатми рӯзи корӣ расида бошад - субҳи рӯзи дигар анҷом дода мешавад.
4. Ҳангоми озодшавӣ ба маҳкумшуда ашё, арзишҳо ва пули марбути ӯ, ки дар ҳисобномаи шахсиаш гузошта шудааст, асноди шахсӣ ва коғазҳои қиматнок инчунин асноди аз ҷазо озод шудани маҳкумшуда ва асноди фаъолияти меҳнатии ӯ супурда мешавад. Бо хоҳиши маҳкумшуда ба ӯ тавсифнома дода мешавад.
5. Шиноснома, дафтарчаи меҳнатӣ ва дафтарчаи нафақаи шахси ба маҳдуд кардани озодӣ, ё маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда, ки дар парвандаи шахсии ӯ нигоҳ дошта мешаванд, ҳангоми озодшавӣ ба дасти ӯ супурда мешаванд. Ҳангоми мавҷуд набудани чунин аснод маъмурияти муассиса ё мақоми иҷрои ҷазо қаблан ҷиҳати гирифтани чунин аснод тадбирҳо меандешад.
6. Нозироти корҳои ислоҳӣ дар рӯзи хатми мӯҳлати корҳои ислоҳӣ ва ҳангоми бо дигар асосҳо озод намудан аз ин ҷазо пас аз гирифтани асноди дахлдор на дертар аз рӯзи кории минбаъда вазифадор аст ба маъмурияти ташкилоте, ки дар он маҳкумшуда ҷазоро адо мекард, дар мавриди қатъи нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнати маҳкумшуда пешниҳод манзур кунад. Ба озодшуда дар хусуси адои ҷазо ё озод шудан аз адои ҷазо санад дода мешавад.
7. Ба шахсе, ки дар натиҷаи бекор кардани ҳукми суд вобаста ба қатъи парвандаи ҷиноятӣ аз адои ҷазо озод карда шудааст, сардори муассиса ва ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо бояд ҳуқуқҳояшро оид ба барқарор намудани ҳуқуқҳои молу мулкию меҳнатӣ, манзилӣ ва дигар ҳуқуқҳои маҳрумшудааш тавзеҳ диҳад. Дар санади озод карда шудани маҳкумшуда аз номи давлат расман узр хоста (пурсида) мешавад.
 
Моддаи 207. Озод кардани хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда аз адои ҷазо
1. Хизматчиёни ҳарбие, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, ё нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ адо мекунанд, аз адои минбаъдаи ҷазо дар ҳолатҳои беморӣ, ки онҳоро ба адои хизмати ҳарбӣ ношоям мегардонад, озод карда мешаванд. Қисми адонакардаи ҷазо мумкин аст ба намуди ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда шавад.
2. Хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда, ки ҷазоро ҳангоми ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ адо мекунанд, дар сурати ба миён омадани дигар асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои озод намудан аз хизмати ҳарбӣ мумкин аст тибқи тартиби муқарраршуда аз ҷониби суд пеш аз мӯҳлат бо ивази қисми адонанамудаи ҷазо ба ҷазои нисбатан сабуктар ё бидуни он аз ҷазо озод карда шаванд.
 
Моддаи 208. Тартиби пешниҳод кардан барои пеш аз мӯҳлат озод намудан аз адои ҷазо
1. Оид ба маҳкумшудае, ки нисбаташ шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан ё ивази қисми адонакардаи ҷазо ба намуди ҷазои нисбатан сабуктар истифода шуданаш мумкин аст, муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо ба суди маҳалли адои ҷазо тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ дар хусуси шартан пеш аз мӯҳлат озод кардан аз адои ҷазо ё иваз намудани қисми адонакардаи ҷазо ба ҷазои нисбатан сабуктар бо розигии прокурор пешниҳод мефиристад.
2. Ҳангоми аз ҷониби маҳкумшуда адо кардани қисми мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун маъмурияти муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо вазифадоранд дар давоми як моҳ масъаларо баррасӣ намуда, дар бораи пешниҳод ё радди пешниҳоди шартан пеш аз мӯҳлат озод кардани маҳкумшуда аз адои ҷазо ё иваз кардани қисми адонанамудаи ҷазо ба ҷазои нисбатан сабуктар қарор бароранд.
3. Нисбати маҳкумшудае, ки барои бахшиши ҷазо пешниҳод шудааст, маъмурият ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо мутобиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шафоатномаи дахлдор манзур медорад.
4. Дар пешниҳоди шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод намудан, иваз кардани қисми адонанамудаи ҷазо ба ҷазои нисбатан сабуктар ва бахшиши ҷазо бояд маълумоти тавсифкунандаи шахсияти маҳкумшуда, инчунин рафтори ӯ, муносибат ба таҳсил ва меҳнат ҳангоми адои ҷазо, муносибати маҳкумшуда ба кирдори содирнамудааш инъикос карда шавад.
5. Дар сурати аз ҷониби суд рад кардани шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардани маҳкумшуда ё иваз кардани қисми адонакардаи ҷазо ба ҷазои нисбатан сабуктар такроран манзур кардани пешниҳод оид ба ҳамин масъалаҳо метавонад на барвақттар аз гузаштани се моҳ аз рӯзи баровардани таъиноти раддия пешниҳод карда шавад.
6. Тартиби татбиқи авф аз ҷониби мақоме, ки санади авфро баровардааст, муайян карда мешавад.
7. Пешниҳод дар мавриди озод намудан аз адои ҷазо вобаста ба беморӣ дар асоси хулосаи комиссияи тиббӣ аз ҷониби сардори муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо бо розигии прокурор ба суд пешниҳод карда мешавад. Ҳамзамон бо пешниҳод ба суд парвандаи шахсии маҳкумшуда фиристода мешавад.
8. Дар сурати розӣ набудани роҳбари муассиса ё мақоми ваколатдори иҷрои ҷазо бо хулосаи комиссияи тиббие, ки боиси бо сабаби беморӣ аз адои ҷазо озод намудани маҳкумшуда гардида метавонад ӯ бо эътирози асосноки худ ба баррасии суд маводҳои дахлдорро мефиристад.
9. Дар сурате, ки ба корҳои ислоҳӣ ё маҳдуд кардани озодӣ маҳкумшуда маъюбони гурӯҳи I ё II дониста шудаанд, муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо дар хусуси пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардани ӯ ба суд пешниҳод манзур мекунад.
10. Дар сурати ҳомила будани зане, ки ба корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ ё маҳдуд кардани озодӣ маҳкум шудааст, сардори муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо оиди мавқуф гузоштани адои ҷазо аз рӯзи додани рухсатӣ вобаста ба ҳомила ва таваллуд ба суд пешниҳод манзур мекунад.
11. Шахсе, ки барои ҷинояти начандон вазнин маҳкум шудааст, вобаста ба ҳолатҳои фавқулодда, ки моддаи 80 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, озод карда шуданаш мумкин аст. Пешниҳод оиди озод намудан аз адои ҷазо вобаста ба ҳолатҳои фавқулодда аз ҷониби сардори муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо бо розигии прокурор ба суд манзур карда мешавад. Ҳамзамон бо пешниҳод ба суд санади мақомоти маҳаллии ҷои истиқомати маҳкумшуда дар мавриди ҳодисаҳои бадбахтӣ ё маълумотномаи мақоми дахлдор дар мавриди бемории вазнин ё фавти ягона аъзои қобили меҳнати оила ва парвандаи шахсии маҳкумшуда фиристода мешаванд. (Қ ҶТ аз 15.07.04с. №48), (ҚҶТ аз 18.07.17с.№1444)
 
Моддаи 209. Мавқуф гузоштани адои ҷазо занони ҳомиладори маҳкумшуда ва занони маҳкумшудае, ки кӯдакони то ҳаштсола доранд
1. Ба занони ҳомиладори маҳкумшуда ва занони маҳкумшудае, ки кӯдакони то синни ҳаштсола доранд ва ҷазоро дар колонияҳои ислоҳӣ адо мекунанд, ба ғайр аз онҳое, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум шудаанд суд метавонад тибқи моддаи 78 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои ҷазоро нисбати онҳо мавқуф гузорад. (Қ ҶТ аз 15.07.04с. №48), (ҚҶТ аз 29.12.10с, №648).
2. Масъалаи мавқуф гузоштани адои ҷазо аз ҷониби суд бо дархости маҳкумшуда, намояндаи қонунии ӯ, хешовандони наздик, ҳимоятгар ё бо пешниҳоди прокурор ҳал карда мешавад. Инчунин ба дархост хулосаи тиббӣ дар хусуси ҳомила будани маҳкумшуда ё маълумотнома дар бораи доштани кӯдаки то синни ҳаштсола, розигии хешовандон дар мавриди қабул кардани маҳкумшуда бо фарзандаш, бо манзили истиқоматӣ таъмин кардани онҳо ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои зист дар якҷоягӣ бо кӯдак ё маълумотнома дар хусуси он, ки ӯ манзили истиқоматӣ ва шароити зарурӣ барои зист дар якҷоягӣ бо кӯдак дорад, замима мегарданд. Тибқи талаби суд маъмурияти муассисаи ислоҳӣ бояд тавсифнома ва парвандаи шахсии маҳкумшударо ба суд фиристад. (ҚҶТ аз 29.12.10с, №648).
3. Маъмурияти муассисаи ислоҳӣ бо гирифтани таъиноти суд дар хусуси мавқуф гузоштани адои ҷазо нисбат ба зани маҳкумшуда ӯро озод мекунад. Аз зани маҳкумшуда оиди дар мавриди дар мӯҳлати се рӯзи пас аз расидан ҳозир шудан ба нозироти корҳои ислоҳии маҳалли истиқоматаш забонхат гирифта мешавад. (Қ ҶТ аз 15.07.04с. №48)
4. Зани маҳкумшуда ба маҳалли истиқомати худ мустақилона аз ҳисоби давлат сафар мекунад.
5. Дар рӯзи озодшавӣ ба нозироти корҳои ислоҳии маҳалли истиқомати зани маҳкумшуда нусхаи таъиноти суд дар мавриди озод намудан аз адои ҷазо бо нишон додани санаи озодкунӣ фиристода мешавад.
6. Нозироти корҳои ислоҳӣ зани маҳкумшударо ба қайд гирифта, минбаъд рафтори ӯро назорат мекунад.
7. Пас аз ҳозиршавии зани маҳкумшуда нозироти корҳои ислоҳӣ дар давоми се шабонарӯз вазифадор аст ба муассисаи ислоҳии маҳалли озод шудани зани маҳкумшуда тасдиқнома фиристад.
8. Дар сурати ҳозир нашудани зани маҳкумшуда дар давоми ду ҳафта аз рӯзи озод шуданаш нозироти корҳои ислоҳӣ чорабиниҳои ибтидоии ҷустуҷӯиро анҷом медиҳад ва агар натиҷаи дилхоҳ ба даст наояд, кофтукови зани маҳкумшударо эълон мекунад.
9. Ба зани маҳкумшудае, ки тартиботи ҷамъиятӣ ё интизоми меҳнатро вайрон кардааст ё аз тарбияи фарзанд ва нигоҳубини ӯ саркашӣ кардааст, нозироти корҳои ислоҳӣ огоҳӣ эълон мекунад.
10. Ҳангоме, ки зани маҳкумшуда талаботи дар қисми 3) моддаи 78 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаро вайрон кардааст, нозироти корҳои ислоҳии маҳалли истиқомати ӯ оиди бекор кардани таъиноти суд дар бораи мавқуф гузоштани адои ҷазо ва оиди фиристодани зани маҳкумшуда барои адои ҷазое, ки бо ҳукми суд таъин шудааст, ба суд пешниҳод манзур мекунад. (Қ ҶТ аз 15.07.04с. №48), (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
11. Зани маҳкумшуда ҳангоме аз тарбияи фарзанд саркашинамуда ҳисобида мешавад, ки агар ӯ расман аз фарзанд даст накашида, вале ӯро дар таваллудхона гузошта бошад ва ё ба хонаи кӯдакон супурда бошад ва ё тарзи ҳаёти зиддиҷамъиятӣ гузаронад ва ба тарбия ва нигоҳубини фарзанд машғул нашавад ё фарзандашро дар назди хешу ақрабо ё дигар ашхос гузошта бошад ё пинҳон шуда бошад ё дигар кирдореро содир мекунад, ки дар хусуси саркашии ӯ аз тарбияи фарзанд гувоҳӣ медиҳад.
12. Баъди ба синни ҳаштсолагӣ расидани тифл ё дар сурати фавтидани ӯ нозироти корҳои ислоҳӣ бо назардошти хусусият ва дараҷаи хавфи ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, рафтори зани маҳкумшуда, муносибати ӯ ба тарбияи фарзанд, мӯҳлати адонамуда ва адонакардаи ҷазо дар хусуси озод кардани зани маҳкумшуда аз адои қисми боқимондаи ҷазо ё дар бораи иваз кардани қисми боқимондаи ҷазо ба намуди ҷазои нисбатан сабуктар ё ба муассисаи ислоҳӣ фиристодани ӯ ба суд пешниҳод мефиристад. (Қ ҶТ аз 15.07.04с. №48)
 
 
Моддаи 210. Вазъи ҳуқуқии ашхосе, ки ҷазоро адо кардаанд.
1. Ашхосе, ки ҷазоро адо кардаанд, дорои ӯҳдадорӣ ва ҳуқуқҳое мебошанд, ки барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, бо маҳдудиятҳое, ки барои ашхоси дорои доғи судӣ пешбинӣ гардидааст. Чунин маҳдудиятҳоро танҳо қонун пешбинӣ карда метавонад.
2. Ашхосе, ки ҷазоро адо кардаанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мустақиман қонун пешбинӣ кардааст, ба барқарор намудани он манфиатҳои қонуние, ки ба доираи ҷазо дохил набуданд, вале вобаста ба иҷрои он поймол шуда буданд, ҳуқуқ доранд.
3. Онҳо вазифадор нестанд, ки оид ба воқеияти маҳкум шудани худ маълумот диҳанд.
4. Воқеияти (факти) адои ҷазо барои маҳдуд кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ин шахс ва ҳам хешовандони наздики ӯ асос шуда наметавонад.
 
Моддаи 211. Расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ба ашхосе, ки аз адои ҷазо озод карда мешаванд
1. Ба маҳкумшудагоне, ки аз адои ҷазо озод карда шудаанд, кӯмаки иҷтимоӣ расонида мешавад.
2. Кӯмаки иҷтимоӣ дар мусоидат ҷиҳати фароҳам овардани шароити меҳнатию маишатӣ, расонидани ёрии моддӣ, рафъи оқибатҳои адои ҷазо, таъмини нафақа, ҷойгир кунонидан дар муассисаҳои тиббӣ, интернат ва хонаи пиронсолон, муқаррар намудани васоят ифода меёбад.
3. Ашхоси аз адои ҷазо озодшуда барои сафар ба маҳалли истиқомат ё ҷои кор дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳпулӣ, инчунин бо озуқаворӣ ё пул таъмин карда мешаванд. Ҳангоми тибқи мавсим мавҷуд набудани сару либос ва пойафзол ва набудани маблағ барои харидории онҳо озодшудагон бо сару либос ва пойафзол таъмин карда мешаванд. Ба онҳо мумкин аст аз фонди махсуси муассисаи ислоҳӣ ё мақомоти иҷрокунандаи ҷазо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрдампулии яквақта дода шавад.
4. Ноболиғони озодшуда ба назди волидайн ё ашхоси ивазкунандаи онҳо фиристода мешаванд.
5. Дар сурати имконнопазирии фиристодани онҳо комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак маҳалли зисти озодшудагон бо пешниҳоди маъмурияти колония барои бо кор таъмин намудан ё ба таҳсил фаро гирифтани онҳо инчунин фароҳам овардани шароити манзилию маишӣ чораҳо меандешанд. Дар ҳолатҳои мустасно, ҳангоме ки ба маҳалли қаблии истиқомат фиристодани ноболиғ аз нуқтаи назари тарбиявӣ мувофиқи мақсад намебошад, ҷойгиркунии ӯ дар маҳалли дигар аз ҷониби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки маҳалли ҷойгиршавии колония бо назардошти фикру андешаи озодшуда анҷом дода мешавад.
6. Ашхоси аз ҷазо озодшуда, ки ба нигоҳубини дигарон мӯҳтоҷанд, инчунин ноболиғони то синни шонздаҳсола ба маҳалли истиқомат бо ҳамроҳии хешовандон ё дигар ашхос ё корманди муассисаи ислоҳӣ фиристода мешаванд.
7. Сардори муассисаи ислоҳӣ ё бо супориши ӯ намояндаи маъмурият бо озодшудагон сӯҳбат доир намуда, ба онҳо ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшонро ҳамчун шаҳрванд тавзеҳ медиҳад.
8. Муассисае, ки иҷрои ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ таъмин мекунад, нозироти корҳои ислоҳӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти ваколатдор дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро дар хусуси ба наздикӣ озод шудани маҳкумшуда ва андешидани чораҳо ҷиҳати расондани кӯмаки иҷтимоӣ ба ӯ огоҳ месозад. (ҚҶТ аз 18.07.17с.№1444)
9. Нозироти корҳои ислоҳӣ баҳисобгирии ягонаи ашхоси дар ҳамин модда зикргардидаро, ки аз ҷазо озод карда шудаанд, анҷом медиҳад. Нисбат ба ҳар шахс масъалаи зарурат ва ҳадди имконпазири кӯмаки иҷтимоӣ, аз ҷумла пешкаш кардани ҷой дар хобгоҳҳои умумии маркази адаптатсияи иҷтимоӣ барои истиқомати муваққатӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
 
Моддаи 212. Мақомоте, ки ба ашхоси аз адои ҷазо озодгардида кӯмаки иҷтимоӣ мерасонанд
1. Ба ашхосе, ки аз ҷазо озод гардидаанд, нозироти корҳои ислоҳӣ, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, маъмурият, коллективҳои меҳнатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии корхонаю муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо кӯмаки иҷтимоӣ мерасонанд.
2. Ҳамоҳангсозии ҷидду ҷаҳди ҳамаи мақомот ва ташкилотҳо дар мавриди расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ба зиммаи нозироти корҳои ислоҳии гузошта мешавад.
3. Супориш ва дастури нозироти корҳои ислоҳӣ барои ҳамаи роҳбарони корхонаю ташкилот ва муассисаҳо ҳатмӣ мебошад.
 
Моддаи 213. Мушоҳида ва назорат ба рафтори ашхоси аз ҷазо озод карда шуда
1. Аз болои рафтори ашхосе, ки аз ҷазо озод карда шудаанд, мушоҳидаи нозироти корҳои ислоҳи, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, маъмурият, коллективҳои меҳнатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии маҳалли истиқомат, кор ё таҳсил муқаррар карда мешавад. Бо ин ашхос бо мақсади мустаҳкам кардани натиҷаҳои ислоҳӣ корҳои тарбиявӣ гузаронида мешавад.
2. Нисбат ба ашхосе, ки аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ озод гардида, барои ретсидиви махсусан хавфнок маҳкум шуда буданд, ашхосе, ки барои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ҷазоро адо кардаанд ва ё ду ё бештар аз он барои ҳама гуна ҷиноятҳои қасдона суд шудаанд ё қаблан аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ то пурра адо намудани мӯҳлати муқаррарнамудаи суд озод шуда, дар мӯҳлати қисми адонашудаи ҷазо боз қасдан ҷиноят содир кардаанд, инчунин оид ба фаъолияти ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд, вале рафтори онҳо дар давраи адои ҷазо ё баъди аз ҷазо озод шудан дар бораи ба роҳи ислоҳ нарафтани онҳо ва риоя накардани тартиботи ҳуқуқӣ гувоҳӣ диҳад, назорат муқаррар карда мешавад, ки онро мақомоти корҳои дохилӣ анҷом медиҳад. Барои таъмин намудани мушоҳида ва назорат муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мақомоти корҳои дохилиро дар хусуси ба наздикӣ озод шудани маҳкумшуда огоҳ мекунанд. (ҚҶТ аз 18.07.17с.№1444)
3. Муқаррар намудан ва татбиқи назорат аз ҷониби нозироти корҳои ислоҳӣ ҳам бо ташаббуси худ ва ҳам бо тавсияи мақомоти иҷрокунандаи ҷазо, дигар мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ анҷом дода мешавад.
4. Тартиби татбиқи мушоҳида ва назоратро санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар менамояд.
 
ФАСЛИ IХ
ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ ҚАТЛ
 
БОБИ 22
ИҶРОИ ҶАЗО ДАР НАМУДИ ҚАТЛ
 
Моддаи 214. Тартиб ва ҷои нигоҳ доштани ашхоси ба ҷазои қатл маҳкумшуда
1. Пас аз бароварда шудани ҳукми суд шахсе, ки ба ҷазои қатл маҳкум шудааст, ба камераи махсуси яккасаи изолятори тафтишотӣ таҳти посбонии пурзӯре, ки ҷудо нигоҳ доштани ӯро таъмин мекунад, гузаронида мешавад. Дар ҳолатҳои мустасно дар як камера на бештар аз ду нафар ашхоси ба ҷазои қатл маҳкумшуда нигоҳ дошта мешаванд.
2. То эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ба ҷазои қатл маҳкумшудагон дорои ӯҳдадорӣ ва ҳуқуқе мебошанд, ки барои ашхоси дар маҳалҳои ҳабси пешакӣ қарордошта муқаррар гардидааст.
3. Номгӯй ва миқдори асбобу анҷом ва ашёе, ки ашхоси ба ҷазои қатл маҳкумшуда бо худ дошта метавонанд, тибқи Низомномаи тартиби нигоҳ доштани ашхоси ба ҷазои қатл маҳкумшуда дар изоляторҳои тафтишотӣ ва маҳбасҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (Қ ҶТ аз 08.12.2003с. №55)
Моддаи 215. Вазъи ҳуқуқии ашхосе, ки ба ҷазои қатл маҳкум шудаанд
1. Пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд ашхоси ба ҷазои қатл маҳкумшуда тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ҳуқуқ доранд, бо илтимоснома дар бораи бахшиши ҷазо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
2. Ба ҷазои қатл маҳкумшудагон ҳуқуқ доранд:
а) бо адвокат бидуни маҳдудият дар давоми рӯзи корӣ мулоқот кунанд;
б) бидуни маҳдудият мактуб ва барқия гиранд ва фиристанд;
в) бидуни маҳдудият посылка, дастовез ва бандероль гиранд;
г) дар як моҳ як маротиба то фиристодан ба маҳалли иҷрои ҷазо бо давомнокии то ду соат бо хешовандони наздик мулоқоти кӯтоҳмуддат дошта бошанд;
д) аз гаштугузори ҳамарӯза бо давомнокии 30 дақиқа истифода баранд;
е) бо пули худ бе маҳдудият озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз харанд;
ж) тибқи тартиби пешбининамудаи қонун муносибатҳои зарурии гражданию ҳуқуқӣ ва никоҳу оилавиро ба расмият дароранд;
з) бо ходимони дин мулоқот кунанд;
и) ёрии зарурии тиббӣ гиранд.
3. Ба ҷазои қатл маҳкумшудагон, ки нисбати онҳо ҳукми суд эътибори қонунӣ пайдо кардааст, вале ҳанӯз масъалаи бахшиши ҷазо ҳал нагардидааст ва ё илтимосномаи онҳо дар бораи бахшиши ҷазо қонеъ гардонида шудааст, то фиристодан ба муассисаи ислоҳӣ ҷиҳати адои минбаъдаи ҷазо дар шароите, ки барои колонияҳои ислоҳии дорои низоми махсус муқаррар гардидааст, нигоҳ дошта мешаванд.
4. Ба қатл маҳкумшудагоне, ки илтимосномаашон дар хусуси бахшиши ҷазо рад шудааст, то фиристодан ба муассисаҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои ҷазо дар шароите, ки барои маҳбасҳои низоми сахт муқаррар гардидааст, нигоҳ дошта мешаванд.
 
Моддаи 216. Тартиби бо илтимоснома дар бораи бахшиши ҷазо муроҷиат кардани шахси ба ҷазои қатл маҳкумшуда
1. Ашхоси ба ҷазои қатл маҳкумшуда дар давоми ҳафт шабонарӯз аз рӯзи ба онҳо супурда шудани нусхаи ҳукми суд ё таъиноти кассатсионӣ метавонанд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо илтимоснома дар бораи бахшиши ҷазо муроҷиат кунанд. Дар чунин ҳолат иҷрои ҳукми суд то аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардани қарор боздошта мешавад.
2. Агар ба ҷазои қатл маҳкумшуда дар мӯҳлати муайянгардида илтимоснома дар бораи бахшиши ҷазо пешниҳод накунад ё изҳор кунад, ки бо чунин илтимоснома муроҷиат нахоҳад кард, маъмурияти изолятори тафтишотӣ бо иштироки прокурор санади дахлдор тартиб медиҳанд.
3. Илтимоснома дар бораи бахшиши ҷазо ё санад бо маводи дахлдор дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз аз рӯзи қабули илтимоснома ё тартиб додани санад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд.
 
 
Моддаи 217. Мӯҳлати баррасии илтимосномаи маҳкумшуда дар мавриди бахшиши ҷазо
1. Илтимоснома оид ба бахшиши ҷазои ашхосе, ки ба қатл маҳкум шудаанд, ё мавод дар мавриди аз ҷониби ин ашхос рад намудани пешниҳоди илтимоснома дар бораи бахшиши ҷазо дар мӯҳлати на дертар аз чор моҳи аз рӯзи расидани онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.
2. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси бахшиши ҷазо ё дар бораи радди илтимоснома дар бораи бахшиши ҷазо ҷиҳати иҷро ба сардори изолятори тафтишотӣ ва суде, ки ҳукм баровардааст, фиристода мешавад.
 
Моддаи 218. Чораҳои амниятӣ ва асосҳо барои истифодаи силоҳ
Нисбат ба ашхоси ба қатл маҳкумшуда чораҳои амниятӣ ва силоҳ дар ҳамон асосҳое, ки нисбат ба ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда истифода мегардад, татбиқ карда мешавад. (Қ ҶТ аз 15.07.04с. №48), (ҚҶТ аз 22.07.2013с.,№979)
 
Моддаи 219. Асос ва тартиби иҷрои ҷазои қатл
1. Барои иҷрои ҷазо дар намуди қатл ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд, хулосаҳои Раиси Судии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мавҷуд набудани асосҳо барои овардани эътироз ба тариқи назоратӣ аз болои ҳукми суд, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи радди шафоатнома дар бораи бахшиши ҷазо ва ё санад дар бораи радди муроҷиат бо шафоатнома дар бораи бахшиши ҷазо аз ҷониби маҳкумшуда асос шуда метавонанд.
2. Қатл дар шакли ғайриоммавӣ бо усули паррондан иҷро карда мешавад. Иҷрои ҷазои қатл нисбат ба якчанд шахс дар алоҳидагӣ ва дар ҳозир набудани дигарон анҷом дода мешавад.
 
Моддаи 220. Ашхосе, ки ҳангоми иҷрои ҷазои қатл иштирок мекунанд
1. Ҳангоми иҷрои ҷазои қатл прокуроре, ки қонуниятро дар маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ ва ҳабси пешакӣ назорат мекунад, сардори муассисае, ки ҳукмро иҷро мекунад ва духтур иштирок менамоянд.
2. Марги маҳкумшуда аз ҷониби духтур тасдиқ карда мешавад. Дар мавриди иҷрои ҳукм протокол тартиб дода мешавад, ки онро ашхоси дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида имзо мегузоранд. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
 
Моддаи 221. Огоҳинома оид ба иҷрои ҳукми қатл
1. Сардори муассисаи маҳалли иҷрои ҳукми қатл бо мактуби махсус фавран ба Раёсати иттилооти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои ҳукм маълумот медиҳад.
2. Раёсати иттилоот дар мӯҳлати се рӯз судеро, ки ҳукм баровардааст, дар мавриди иҷрои ин ҳукм хабар медиҳад.
3. Суд чунин хабарро гирифта, барои бақайдгирии марги маҳкумшуда ба шӯъбаи (бюро) сабти санадҳои ҳолати граждании маҳалли охирини зисти маҳкумшуда ва дар ҳолати имконнопазир будани муайян кардани ҷои истиқомати ӯ – ба маҳалли ҷойгиршавии суде, ки ҳукм баровардааст, огоҳинома мефиристад. Ҳамзамон хешовандони наздики маҳкумшударо низ дар бораи иҷрои хукми қатл огоҳ месозад. Ҷасади маҳкумшуда барои дафн дода намешавад ва ҷои дафн хабар дода намешавад.
 
Моддаи 222. Боз доштани иҷрои ҳукми қатл
1. Ҳангоми ошкор гардидани нишонаҳои вайроншавии вазъи рӯҳӣ дар ашхоси ба ҷазои қатл маҳкумшуда маъмурияти изолятори тафтишотӣ ташхиси тиббии ӯро аз ҷониби комиссия дар ҳайати се духтури мутахассис гузаронида, дар ин маврид протокол тартиб медиҳад.
2. Дар сурати муайян кардани бемории рӯҳие, ки маҳкумшударо аз дарк кардани ҳаракати худ ё идора кардани он маҳрум сохтааст, ҳукм оиди ҷазои қатл ба иҷро расонида намешавад ва протоколи ташхиси тиббӣ ба суде, ки ҳукм баровардааст, фиристода мешавад.
 
ФАСЛИ X
НАЗОРАТ АЗ БОЛОИ МАҲКУМШУДАГОНЕ, КИ БО ШАРТАН ТАТБИҚ
НАКАРДАНИ ҶАЗО МАҲКУМ ШУДААНД
 
БОБИ 23
БА АМАЛ БАРОВАРДАНИ НАЗОРАТ АЗ БОЛОИ РАФТОРИ МАҲКУМШУДАГОН
 БО ШАРТАН ТАТБИҚ НАКАРДАНИ ҶАЗО
 
Моддаи 223. Мақомоте, ки назорати рафтори маҳкумшудагонро бо шартан татбиқ накардани ҷазо ба амал мебароранд
1. Назорат аз болои рафтори маҳкумшуда бо шартан татбиқ накардани ҷазо дар давоми мӯҳлати санҷиш аз ҷониби нозироти корҳои ислоҳии маҳалли истиқомати маҳкумшуда, назорати хизматчиёни ҳарбӣ дар давраи адои хизмати ҳарбӣ бошад аз тарафи фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ ба амал бароварда мешавад.
2. Тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҷиҳати назорат аз болои рафтори маҳкумшудаи бо шартан татбиқ накардани ҷазо кормандони хадамоти дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ ҷалб карда мешаванд. (Қ ҶТ аз 08.12.2003с. №55)
 
Моддаи 224. Баҳисобгирии мӯҳлати санҷиш
1.Мӯҳлати санҷиш аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд ба ҳисоб гирифта мешавад.
2.Пас аз гузашти мӯҳлати санҷиш назорат аз болои рафтори маҳкумшуда қатъ гардида, ӯ аз қайди нозироти корҳои ислоҳӣ бароварда мешавад.
 
Моддаи 225. Тартиби ба амал баровардани назорат аз болои рафтори маҳкумшуда бо шартан татбиқ накардани ҷазо
1. Нозироти корҳои ислоҳӣ баҳисобгирии инфиродии маҳкумшудагонро дар ҳолатҳо ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми мӯҳлати санҷиш ба амал бароварда, бо иштироки кормандони хадамоти дахлдори мақомоти корҳои дохила аз тарафи маҳкумшуда риоя намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои аз ҷониби суд ба зиммааш гузошташударо назорат мекунад. (Қ ҶТ аз 08.12.2003с. №55)
2. Ҳангоми нисбат ба маҳкумшудагон бо шартан татбиқ накардани ҷазо таъин намудани ҷазои иловагӣ дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян нозироти корҳои ислоҳӣ чорабиниҳои пешбининамудаи моддаҳои 33-38 ҳамин Кодексро дар ҳаҷми пурра ба амал мебарорад.
3. Дар сурати ба хизмати ҳақиқии ҳарбӣ даъват шудани шахси бо шартан татбиқ накардани ҷазо маҳкумшуда ба комиссариати ҳарбӣ нусхаи ҳукм ва дар ҳолатҳои зарурӣ дигар асноде, ки барои ба амал баровардани назорат аз болои рафтори шахси бо шартан татбиқ накардани ҷазо маҳкумшуда дар маҳалли адои хизмат лозиманд, фиристода мешаванд. Фармондехии қисми ҳарбӣ вазифадор аст дар мӯҳлати даҳ рӯз ба нозироти корҳои ислоҳӣ дар мавриди ба қайд гирифтани чунин шахс ва пас аз адои хизмат - дар мавриди ҷавоб шудани ӯ аз қисми ҳарбӣ иттилоъ диҳад.
4. Маҳкумшудагон бо шартан татбиқ накардани ҷазо вазифадоранд дар назди нозироти корҳои ислоҳӣ ва фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ оид ба рафтори худ ҳисобот дода, ӯҳдадориҳои аз ҷониби суд ба зиммаашон гузошташударо иҷро кунанд, бо даъвати нозирот ҳозир шаванд. Ҳангоми ба нозирот бидуни сабабҳои узрнок ҳозир нашудани маҳкумшуда ӯ маҷбурӣ оварда шуданаш мумкин аст.
5. Ҳангоми аз назорат саркашӣ намудани маҳкумшуда бо шартан татбиқ накардани ҷазо нозироти корҳои ислоҳӣ оид ба муайян намудани ҷои буду бош ва сабабҳои саркашии ӯ чораҳои ибтидоӣ меандешад.
 
Моддаи 226. Ҷавобгарии маҳкумшудагон бо шартан татбиқ накардани ҷазо
1. Ҳангоми саркашии маҳкумшуда бо шартан татбиқ накардани ҷазо аз иҷрои ӯҳдадориҳое, ки суд ба зимааш гузоштааст ё аз ҷониби ӯ вайрон гардидани тартиботи ҷамъиятӣ, ки барои он муҷозоти маъмурӣ андешида шуда буд, нозироти корҳои ислоҳӣ ӯро дар мавриди имконпазирии беэътибор донистани шартан татбиқ накардани ҷазо ба таври хаттӣ огоҳ месозад.
2. Дар сурати аз ҷониби маҳкумшуда бо шартан татбиқ накардани ҷазо ба ҷо наовардани талаботи дар қисми 4 моддаи 225 ҳамин Кодекс зикргардида, инчунин ҳангоми мавҷуд будани дигар ҳолатҳое, ки ба зиммаи ӯ вогузоштани дигар ӯҳдадориҳо мувофиқи мақсад аст, гувоҳӣ медиҳад, сардори нозироти корҳои ислоҳӣ ба суд пешниҳоди дахлдор ирсол менамояд. (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1307)
3. Дар сурати аз ҷониби маҳкумшуда бо шартан татбиқ накардани ҷазо дар давоми мӯҳлати санҷиш мунтазам ба қонуншиканиҳо роҳ дода, барои содир кардани онҳо ба ӯ муҷозоти интизомӣ таъин шуда бошад ва ё ашаддӣ аз иҷро кардани ӯҳдадориҳое, ки суд ба зиммааш гузошта буд, саркашӣ намояд, сардори нозироти корҳои ислоҳӣ ба суд дар мавриди беэътибор донистани шартан татбиқ накардани ҷазо ва иҷрои ҷазое, ки бо ҳукми суд таъин шудааст, пешниҳод ирсол менамояд.
4. Ба таври ашаддӣ саркашӣ намудан аз иҷро кардани ӯҳдадорӣ - ин содир кардани кирдорҳои манъшуда ё аз ҷониби шахси бо шартан татбиқ накардани ҷазо маҳкумшуда беш аз ду маротиба дар тӯли сол иҷро накардани ҳаракатҳое, ки ба зиммаи ӯ гузошта шудааст ё ба таври давомдор (беш аз 30 рӯз) иҷро накардани ӯҳдадориҳои аз ҷониби суд ба зиммааш гузошташуда ба ҳисоб мераванд.
 
 
ЗАМИМА
 
НОМГӮИ
(РӮЙХАТИ)
МОЛУ МУЛКЕ, КИ БО ҲУКМИ СУД МУСОДИРА КАРДА НАМЕШАВАД
 
Молу мулк ва ашёи зайл, ки ба маҳкумшуда вобаста ба ҳуқуқи моликияти шахсӣ марбутанд ё ҳиссаи ӯ дар моликияти умумӣ мебошанд ва барои маҳкумшуда ва ашхосе, ки таҳти сарпарастиаш қарор доранд, зарур мебошанд, мусодира карда намешаванд:
1. Бинои истиқоматӣ бо иншооти хоҷагӣ ё қисмҳои алоҳидаи он, агар маҳкумшуда ва оилаи ӯ доимӣ дар он зиндагӣ кунанд (вале на бештар аз як хона барои оила).
2. Хона ё қисми алоҳидаи он, агар маҳкумшуда ва оилаи ӯ доимӣ дар он зиндагӣ кунанд (вале на бештар аз як хона барои оила).
3. Қитъаҳои замин, ки дар онҳо хона ва иншооти хоҷагии мусодиранашаванда воқеанд, инчунин қитъаҳои замине, ки барои пешбурди корҳои кишоварзӣ ва хоҷагии ёрирасон зарур мебошанд.
4. Ягона гов ва дар сурати надоштани гов - ягона гӯсола; дар хоҷагихое, ки гову гӯсола надоранд - ягона буз, гӯсфанд ё хук; аз ашхосе, ки дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанд - иншооти хоҷагӣ ва ҳайвоноти хонагӣ дар шуморае, ки барои қонеъ намудани талаботи ҳадди ақали аъзои оилаи ӯ заруранд, инчунин паррандаҳои хонагӣ.
5. Хӯрокаи чорво, ки то ҷамъоварии хӯрокаи нав ё то ба чарогоҳ баровардани мол зарур аст.
6. Тухмие, ки барои кишту кори навбатии зироатҳои кишоварзӣ заруранд.
7. Ашёи зарурии хона, асбобу анҷоми рӯзғор, сару либосе, ки барои маҳкумшуда ва аъзои таҳти парастории (таъминоти) ӯ қарордошта, заруранд;
а) яхдон, телевизор, радио, дигар асбобу таҷҳизоти барқии маишӣ;
б) сару либос, пойафзол, либоси таг, сомони хоб, мебель, асбобу анҷоми рӯзгор ва ошпазхона, ки истифода мешаванд (ба истиснои ашьёе, ки аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо тайёр карда шудаанд, ба ғайр аз нигинҳои ақди никоҳ ва ашьёе, ки ёдгории оилавӣ мебошанд, инчунин ашьёи дорои арзиши таърихию бадеӣ);
в) ҳама гуна асбобу анҷоми кӯдакон (ба ғайр аз техникаҳои компьютерӣ, аудио ва видео).
8. Озуқаворӣ дар ҳаҷме, ки барои маҳкумшуда ва аъзои оилаи ӯ то ҳосили нав зарур мебошанд, агар шуғли асосии маҳкумшуда соҳаи кишоварзӣ бошад, дар ҳолатҳои дигар озуқаворӣ ва пул ба маблағи умумие, ки ба андозаи садкаратаи маоши ҳадди ақал (дар рӯзи мусодира) барои маҳкумшуда ва ашхосе, ки ӯ вазифадор аст таъмин кунад, баробар бошад.
9. Сӯзишворӣ, ки барои пухтани озуқаворӣ ва гарм кардани бинои истиқоматии оила дар давоми мавсими гармидиҳӣ заруранд.
10. Ашё, (асбобу анҷом), васоити таълимӣ ва китоб, ки барои машғулияти касбии маҳкумшуда заруранд (ба истиснои оне, ки аз маводи қиматбаҳо сохта шудаанд, инчунин дорои арзиши таърихӣ ва бадеӣ мебошанд, инчунин дар ҳолатҳое, ки агар маҳкумшуда бо ҳукми суд аз машғул шудан ба фаъолияти муайян маҳрум кардашуда бошад ё ҳангоме, ки ашьё (асбобу анҷом) аз ҷониби маҳкумшуда барои содир намудани ҷиноят истифода гардида бошад.
11. Воситаҳои нақлиёт, ки махсус барои ҳаракати маъюбон пешбинӣ гардидааст.
12. Мукофотҳои байналмилалӣ ва дигар мукофотҳое, ки маҳкумшуда сарфароз гардидааст.
Дар сурати мусодираи молу мулке, ки ҳиссаи маҳкумшуда дар моликияти умумӣ мебошад, ҳаҷми ҳисса пас аз берун намудани ашё ва асбобу анҷоми дар ҳамин Рӯйхат зикргардида муайян карда мешавад.
 
 
 
 
 
 
_______________________
 
 

КОДЕКСИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 16/01/2020 - 15:41
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
КОДЕКС
Рақам: 
34
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Сана: 
29.11.2000

КОДЕКСИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли  2000, № 11, мод. 510; соли 2006, №3, мод. 164; соли 2008, № 3, мод. 200; соли 2009, №12, мод. 824; с. 2011, №6, мод. 455)

 

ФАСЛИ  I.  МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ.. 1

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ.. 1

Моддаи 1. Мақсадҳо ва вазифаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. 1

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ. 1

Моддаи 3. Қонунгузорӣ дар бораи об. 3

Моддаи 4. Фонди давлатии об. 3

Моддаи 41. Заминҳои фонди давлатии об. 3

Моддаи 5. Моликияти давлатӣ будани об. 3

Моддаи 5 1. Иншооти хоҷагии об, ки таъиноти махсуси стратегӣ доранд. 3

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди. 4

Моддаи 7. Салоҳияти мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи танзими. 4

Моддаи 8. Танзим ва дастгирии давлатӣ дар соҳаи муносибатҳо оиди об. 5

Моддаи 9. Идоракунии давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи об. 5

Моддаи 10. Додани ҳуқуқ барои идораи объектҳои хоҷагии оби моликияти давлатӣ ба. 5

Моддаи 11. Назорати давлатӣ аз болои истифода ва ҳифзи об. 5

Моддаи 12. Мақомоти назорати давлатии танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об. 5

Моддаи 13. Иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар татбиқи тадбирҳои истифодаи. 6

БОБИ 2. ҶОЙГИРКУНӢ, БАЛОИҲАГИРӢ, СОХТМОН ВА БА ИСТИФОДАДИҲИИ.. 6

Моддаи 14. Шартҳои ҷойгиркунӣ, балоиҳагирӣ, сохтмон ва баистифодадиҳии корхонаҳо, 6

Моддаи 15. Муайян кардани ҷойҳои сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳое, ки ба. 6

Моддаи 16. Мувофиқат кунонидани лоиҳаҳои сохтмони корхонаҳо, иншооту дигар. 6

Моддаи 17. Шартҳои манъ кардани баистифодадиҳии корхонаҳо, иншоот ва объектҳои. 6

Моддаи 18. Балоиҳагирии сохтмони пулҳо, гузаргоҳҳо ва дигар коммуникатсияҳои нақлиётӣ. 7

БОБИ 3. ИҶРОИ КОРҲО ДАР ОБЪЕКТҲОИ ОБ ВА ДАР МИНТАҚАҲОИ ҲИФЗИ ОБ. 7

Моддаи 19. Тартиби иҷрои корҳо дар объектҳои об ва дар минтақаҳои наздисоҳилии ҳифзи. 7

Моддаи 20. Минтақаҳои ҳифзи оби объектҳои об. 7

Моддаи 21. Муқаррар намудани минтақаҳои наздисоҳилии ҳифзи об ва минтақаҳои ҳифзи. 7

Моддаи 22. Нигоҳ доштани минтақаҳои ҳифзи об дар ҳолати мусоид. 8

ФАСЛИ II. ИСТИФОДАИ ОБ. 8

БОБИ 4. НАМУДҲОИ ИСТИФОДАИ ОБ. 8

Моддаи 23. Истифодаи умумӣ ва махсуси об. 8

Моддаи 24. Истифодаи якҷоя ва ҷудогонаи об. 8

Моддаи 25. Истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об. 8

Моддаи 26. Намудҳои истифодаи об, ки аз рӯи таъиноти асосии мақсаднок фарқ мекунанд. 8

БОБИ 5 ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ ВА ОБЪЕКТИ ИСТИФОДАИ ОБ. 8

Моддаи 27. Истифодабарандагони об. 9

Моддаи 28. Объектҳои истифодаи об. 9

Моддаи 29. Қисман ё пурра манъ кардани истифодаи объектҳои об. 9

БОБИ 6. ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ. 9

Моддаи 30. Ба истифодаи афзалиятнок барои эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва маишии аҳолӣ додани. 9

Моддаи 31. Шартҳои иқтисодии ба истифода додани объектҳои об. 9

Моддаи 32. Иҷозат барои истифодаи махсуси об. 9

Моддаи 33. Иҷозат барои истифодаи махсуси об, ки аз ҷониби мақомоти  иҷроияи  маҳаллии. 9

Моддаи 34. Тартиби амалӣ гардонидани истифодаи умумии об. 10

Моддаи 35. Истифодаи умумии об дар объектҳои об, ки ба истифодаи ҷудогона дода. 10

Моддаи 36. Ба истифодаи ҷудогона додани объектҳои об. 10

Моддаи 37. Мақомоте, ки объектҳои обро ба истифодаи ҷудогона медиҳанд. 10

Моддаи 38. Ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодаи ҷудогонаи объекти обро тасдиқ мекунанд. 10

Моддаи 39. Мӯҳлатҳои истифодаи об. 11

Моддаи 40. Ҳисоб кардани мӯҳлатҳои истифодаи муваққатии об. 11

Моддаи 41. Тартиби дароз кардани мӯҳлатҳои истифодаи муваққатии об. 11

БОБИ 7. ҲУҚУҚУ  ЎҲДАДОРИҲОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ ВА ТАШКИЛОТҲОИ ХОҶАГИИ ОБ. 11

Моддаи 42. Истифодаи объекти об мувофиқи таъинот. 11

Моддаи 43. Ҳуқуқҳои истифодабарандагони об. 11

Моддаи 44. Маҳдудияти ҳуқуқхои истифодабарандагони об. 11

Моддаи 45. Ӯҳдадориҳои истифодабарандагони об. 12

Моддаи 46. Ҳавасмандгардонии обистифодабарандагоне, ки тадбирҳои истифодаи. 12

Моддаи 47. Ҳуқуқи ташкилотҳои хоҷагии об дар бобати истифода намудани захираҳои об. 12

Моддаи 48. Ӯҳдадориҳои ташкилотҳои хоҷагии об оиди обрасонӣ. 12

БОБИ 8. ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ҲУҚУҚҲОИ  ИСТИФОДАИ ОБ. 13

Моддаи 49. Асосҳои қатъ гардидани ҳуқуқҳои истифодаи об. 13

Моддаи 50. Тартиби қатъ гардидани ҳуқуқҳои истифодаи об. 13

Моддаи 51. Гирифтани объекти об аз истифодаи ҷудогона. 13

Моддаи 52. Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳои хоҷагии об, қатъ. 13

БОБИ 9. ИСТИФОДАИ  ОБЪЕКТҲОИ  ОБ  БАРОИ  ЭҲТИЁҶОТИ  НӮШИДАНӢ,  МАИШӢ  ВА.. 13

Моддаи 53. Об ва объектҳое, ки барои эҳтиёчоти нӯиданӣ, маишӣ ва дигар эҳтиёчоти аҳолӣ. 13

Моддаи 54. Таъминоти мутамаркази аҳолӣ бо об. 13

Моддаи 55. Таъминоти ғайримутамаркази аҳолӣ бо об. 14

Моддаи 56. Истифодаи оби зеризаминии дорои сифати нӯшиданӣ барои эҳтиёҷоте, ки бо. 14

Моддаи 57. Ҳуқуқи моликият ба системаҳои обрасонии оби нӯшокӣ. 14

Моддаи 58. Манбаъҳои маблағгузорӣ дар соҳаҳои таъминоти оби нӯшокӣ. 14

Моддаи 59. Сертификатсия дар соҳаи таъминоти оби нӯшокӣ. 15

Моддаи 60. Кафолати таъмини оби нӯшокӣ ҳангоми вайрон шудани фаъолияти системаи. 15

БОБИ 10. ИСТИФОДАИ  ОБЪЕКТҲОИ  ОБ  БАРОИ  МАҚСАДҲОИ  МУОЛИҶАВӢ, 15

Моддаи 61. Дар навбати аввал барои мақсадҳои муолиҷавию курортӣ истифода намудани. 15

Моддаи 62. Манъ кардани партофтани обҳои  партов ба объектҳои обе, ки ба категорияи. 15

Моддаи 63. Тартиби истифодаи объектҳои об барои истироҳату варзиш.. 15

Моддаи 64. Истифодаи объектҳои об барои шино кардани киштиҳои хурдҳаҷм.. 15

Моддаи 65. Истифодаи объектҳои об барои моҳидорӣ бо мақсади варзиш ва ҳаваскорӣ. 16

БОБИ 11. ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ ЭҲТИЁҶОТИ  СОҲАИ КИШОВАРЗӢ.. 16

Моддаи 66. Истифодаи об дар соҳаи кишоварзӣ. 16

Моддаи 67. Мақсадҳои истифодаи об дар соҳаи кишоварзӣ дар шароити заминҳои обӣ. 16

Моддаи 68. Амалӣ кардани истифодаи об дар соҳаи кишоварзӣ. 16

Моддаи 69. Тасдиқи нақшаҳои истифодаи об. 16

Моддаи 70. Тағйир додани миқдори об ва мӯҳлатҳои обдиҳӣ. 16

Моддаи 71. Ӯҳдадориҳои обистифодабарандагоне, ки объектҳои обро барои эҳтиёҷоти соҳаи. 17

Моддаи 72. Объёрӣ тавассути обҳои партов. 17

Моддаи 73. Истифодаи об барои объёрии заминҳое, ки ҷангалҳо, қитъаҳои ҷангалҳо ва. 17

Моддаи 74. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти ассосиатсияҳои истифодабарандагони. 17

Моддаи 75. Бо об таъмин намудани хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ ва дигар хоҷагиҳо. 17

Моддаи 76. Манъ будани танзими об аз объектҳои оби таъминоти байнихоҷагӣ аз тарафи. 17

Моддаи 77. Манъ будани рафтуомади тракторҳо, воситаҳои нақлиёт, обдиҳӣ ва рондани. 17

Моддаи 78. Иштироки истифодабарандагони об дар корҳои ирригатсионию мелиоративӣ. 18

Моддаи 79. Бо об таъмин намудани соҳаи кишоварзӣ. 18

БОБИ 12. ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ МАҚСАДҲОИ САНОАТӢ ВА ЭҲТИЁҶОТИ.. 18

Моддаи 80. Ӯҳдадориҳои обистифодабарандагоне, ки объектҳои обро барои мақсадҳои. 18

Моддаи 81. Маҳдудияти истифодаи оби нӯшиданӣ барои мақсадҳои саноатӣ. 18

Моддаи 82. Истифодаи оби зеризаминӣ барои обтаъминкунии технологӣ ва дигар эҳтиёҷоти. 18

Моддаи 83. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти гидроэнергетикӣ. 18

Моддаи 84. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муассисаҳои гидроэнергетикӣ оиди истифодабарии об. 19

БОБИ 13. ИСТИФОДАИ  ОБЪЕКТҲОИ  ОБ  БАРОИ  ЭҲТИЁҶОТИ  НАҚЛИЁТИ  ОБИЮ ҲАВОӢ.. 19

Моддаи 85. Роҳҳои обии истифодаи умумӣ. 19

Моддаи 86. Тартиби ба категорияи киштигард мансуб доданистани роҳҳои обӣ ва муқаррар. 19

Моддаи 87. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти нақлиёти ҳавоӣ. 19

БОБИ 14. ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ ЭҲТИЁҶОТИ  ХОҶАГИИ МОҲИПАРВАРӢ.. 19

Моддаи 88. Маҳдуд намудани истифодаи оби обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба. 19

Моддаи 89. Тадбирҳои муҳофизат ва такрористеҳсоли захираҳои моҳӣ. 19

Моддаи 90. Ӯҳдадориҳои ташкилотҳое, ки обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарвариро истифода. 20

Моддаи 91. Тартиби истифодаи объектҳои об барои  эҳтиёҷоти хоҷагии моҳипарварӣ. 20

БОБИ 15. ИСТИФОДАИ  ОБЪЕКТҲОИ  ОБ  БАРОИ  ЭҲТИЁҶОТИ  ХОҶАГИИ  ШИКОР. 20

Моддаи 92. Ҳуқуқҳои афзалиятноки ташкилотҳои хоҷагии шикор оид ба истифодаи об. 20

Моддаи 93. Тартиби истифодаи объектҳои об барои эҳтиёчоти хоҷагии шикор. 20

БОБИ 16. ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ  ЭҲТИЁҶОТИ МАМНУЪГОҲҲО.. 20

Моддаи 94. Объектҳои обии мамнӯъгоҳҳо. 20

Моддаи 95. Ҳамчун ёдгориҳои табиат ё фарҳанг эътироф намудани объектҳои об. 20

Моддаи 96. Тартиби истифодаи объектҳои оби мамнӯъгоҳҳо ва тадбирҳои ҳифзи онҳо. 20

Моддаи 97. Кашида гирифтани объектҳои об аз истифодаи мамнӯъгоҳҳо. 21

БОБИ 17. ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ  ПАРТОФТАНИ ОБҲОИ ПАРТОВ. 21

Моддаи 98. Додани иҷозат ҷиҳати истифодаи объектҳои об барои партофтани обҳои партов. 21

Моддаи 99. Манъ будани партофтани обҳои партов ба объектҳои обии ба категорияҳои. 21

Моддаи 100. Шартҳои имконпазири партофтани оби партов ба объектҳои об. 21

Моддаи 101. Тартиб ва шартҳои истифодаи объектҳои об барои партофтани оби партов. 21

БОБИ 18. ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ ЭҲТИЁҶОТИ ЗИДДИ СӮХТОР, БАРТАРАФ.. 21

Моддаи 102. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти зидди сӯхтор. 21

Моддаи 103. Тартиби истифодаи объекти об барои эҳтиёҷоти зидди сӯхтор, бартараф.. 21

БОБИ 19. ИСТИФОДАИ ОБАНБОРҲО.. 22

Моддаи 104. Низоми пуркунӣ ва обпартоӣ аз обанборҳо. 22

Моддаи 105. Тартиби истифодабарии обанборҳо. 22

Моддаи 106. Ташкил ва ҳамоҳангсозии тадбирҳое, ки ҳолати зарурии техникӣ ва ободонии. 22

Моддаи 107. Кӯлҳо ва дигар ҳавзҳо, ки ба сифати обанборҳо истифода мешаванд. 22

БОБИ  20. ҲАЛЛИ БАҲСҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ОБ. 22

Моддаи 108. Мақомоте, ки баҳсҳоро дар хусуси истифодаи об ҳал мекунанд. 22

Моддаи 109. Ҳалли баҳсҳо оиди истифодаи об байни истифодабарандагони Ҷумҳурии. 22

Моддаи  110. Ҳалли баҳсҳо оиди ҳуқуқи  истифодаи  махсуси об. 22

Моддаи 111. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ҳалли баҳсҳои байни. 22

Моддаи 112. Салоҳияти мақомоти ҳокимияти иҷроияти вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар. 22

Моддаи 113. Салоҳияти мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳияҳо, шаҳрҳо дар бобати ҳалли. 23

Моддаи 114. Салоҳияти мақомоти ҳудидоракунии шаҳрак ва деҳот дар бобати ҳалли баҳсҳо. 23

Моддаи 115. Салоҳияти мақомоти  танзимкунандаи истифода ва ҳифзи об, дар бобати ҳалли. 23

Моддаи 116. Ҳалли баҳсҳо доир  ба истифодаи об дар байни истифодабарандагони аввала ва. 23

Моддаи 117. Тартиби  баррасии баҳсҳо дар хусуси истифодаи об. 23

Моддаи 118. Ҳалли баҳсҳои амволӣ  ва дигар баҳсҳо вобаста ба муносибатҳо оид ба  об. 23

ФАСЛИ III. ҲИФЗИ ОБ ВА ПЕШГИРИИ ТАЪСИРИ ЗАРАРОВАРИ ОНҲО.. 23

БОБИ 21. ҲИФЗИ ОБ. 23

Моддаи 119. Вазифаи  ҳифзи  об. 23

Моддаи 120. Гузаронидани тадбирҳое, ки ҳифзи об, инчунин беҳтаршавии ҳолат ва низоми. 24

Моддаи 121. Тадбирҳое, ки ҳифз, беҳтар гардидани  ҳолат ва низоми обро таъмин мекунанд. 24

Моддаи  122. Банақшагирии тадбирҳои ҳифзи об. 24

Моддаи 123. Манъи партофтани   партовҳо ба объектҳои об. 24

Моддаи 124. Ҳифзи об, маҷрои дарёҳо, яхи болои обанборҳо, сатҳи ҳавзҳо, пиряхҳо ва. 24

Моддаи 125. Ҳавзҳо, китъаҳо ва минтақаҳои  ҳифзи санитарии об. 25

Моддаи 126.  Тадбирҳои ҳифзи об аз камшавӣ. 25

Моддаи 127. Зарурати ба назар гирифтани  манфиатҳои истифодабарандагони об ҳангоми. 25

Моддаи 128. Тадбирҳои ҳифзи оби зеризаминӣ аз камшавӣ. 25

БОБИ  22. ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ТАЪСИРИ ЗАРАРОВАРИ ОБ. 25

Моддаи 129.  Ӯҳдадориҳои истифодабарандагони об доир   ба пешгирӣ ва рафъи таъсири. 25

Моддаи 130. Иҷрои  тадбирҳои таъхирнопазири пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои. 26

Моддаи 131. Банақшагирии тадбирҳои пешгирӣ ва рафъи таъсири зараровари об, оқибатҳои. 26

Моддаи 132. Муҳофизати махсуси иншоотҳои калони хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки. 26

Моддаи 1321. Қоидаҳои умумии мубориза бо обхезӣ. 26

Моддаи 1322. Барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии мубориза бо обхезӣ. 26

Моддаи 1323.  Мубориза бо обхезӣ дар минтақаҳои  хавфи зиёд. 27

Моддаи 1324.  Ҷалби муваққатии  захираҳои моддию техникӣ. 27

Моддаи 1325. Бартараф намудани оқибати обхезӣ. 27

Моддаи 1326. Мониторинги  кўли Сарез. 28

ФАСЛИ  IV. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ, БАҲИСОБГИРӢ ВА БАНАҚШАГИРИИ.. 28

БОБИ 23. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ, БАҲИСОБГИРӢ ВА БАНАҚШАГИРИИ ИСТИФОДАИ ОБ. 28

Моддаи 134.  Ба нақшагирии истифодаи об. 28

Моддаи 135. Кадастри давлатии об. 28

Моддаи 136. Феҳристи давлатии объектҳои хоҷагии об. 28

Моддаи 137.  Махзани маълумот, системаи иттилоотии захираҳои об истифодаи онҳо. 29

Моддаи 138. Тавозунҳои хоҷагии об. 29

Моддаи 139.  Нақшаҳои истифода ва ҳифзи маҷмӯи  об. 29

Моддаи 140. Тартиби назорати давлатӣ баҳисобгирии об ва истифодаи онҳо, татбиқи. 29

БОБИ 231. ИДОРАКУНИИ ҲАВЗАВИИ ИСТИФОДАБАРЙ ВА ДИФЗИ ЗАХИРАХОИ ОБ. 29

Моддаи 1401. Идоракунии хавзавии захираҳои об. 29

Моддаи 1402. Шурой миллии об ва салохияти он. 29

Моддаи 1403. Шурой хавзавии об ва ваколатхои он. 30

Моддаи 1404. Стратегияи миллии об. 30

Моддаи 1405. Накшаҳои хавзавии истифодабарӣ ва хифзи захирахон об. 30

ФАСЛИ V. ҶАВОБГИРӢ  ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ОБ. 31

БОБИ 24. ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ОБ. 31

Моддаи 141. Беътибор  будани аҳдҳое, ки ҳуқуқи моликияти давлатии обро  вайрон мекунанд. 31

Моддаи 142. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани конунгузории об. 31

Моддаи 143. Баргардонида додани обьктхои обе, ки худсарона ғасб шудаанд. 31

Моддаи 144. Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузории об расонида. 31

Моддаи 145. Принсипҳои ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи муносибатҳои вобаста ба об. 31

Моддаи 146. Асосҳои иқтисодии муносибатҳои вобаста ба об бо дигар давлатҳо. 32

 

 

 

ФАСЛИ  I.  МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ

 

Моддаи 1. Мақсадҳо ва вазифаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.Мақсадҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи фонди давлатии об ва заминҳои фонди давлатии об барои беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии аҳолӣ ва муҳити зист, ҳифзи об аз ифлосшавӣ, олудашавӣ, камшавӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари обҳо, беҳтар кардани ҳолат ва ҳимояи объектҳои об, таҳкими қонуният ва ҳифзи  ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба истифодабарии об мебошанд.

2.Вазифаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:

-танзими муносибатҳои иқтисодӣ дар соҳаи истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;

-таъмини асосҳои ҳуқуқии дастгирӣ ва рушди истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;

  -муайян намудани принсипҳои асосӣ, самтҳои истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об. (КҶТ аз 20.03.08с, №381).

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Кодекси мазкур мафхумхои асосии зерин истифода карда мешаванд;

-об- ҳамаи обҳои дар объектҳои обӣ мавҷуда;

-обҳои рӯизаминӣ- обҳои доим ё муваққатан дар объектҳои обии рӯизаминӣ қарордошта;

-обҳои зеризаминӣ- обҳои аз ҷумла маъданӣ, дар объектҳои обии зеризаминӣ қарордошта;

-захираҳои об- захираҳои оби рӯизаминӣ ва зеризаминие, ки дар объектҳои об қарор доранд ва истифода мешаванд ё истифода хоҳанд шуд;

-объектҳои об- ҷамъшавии об дар рӯи замин, қаъри замин дар як ҳудуду ҳаҷм бо доштани низоми обӣ;

-низоми об - тағйир ёфтани сатҳ, хароҷот ва ҳаҷми об дар объектҳои об;

-манбаи обҳои рўизаминӣ- объекти оби рӯизаминӣ дар маҷмӯъ, ҳамчунин бо мубодилаи сусти об дар пастиҳои табиӣ ё сунъӣ;

-объекти оби ҷудогона (манбаи оби сарбаста) - манбаи оби масоҳати хурд ва ҷоринашавандаи сунъӣ, ки бо дигар объектҳои оби рӯизаминӣ аз ҷиҳати гидравликӣ вобаста нест;

-Ҳавзаҳои обҷамъшаванда - ҳудуде, ки дар он об ҷорӣ шуда объекти обро ба вуҷуд меорад;

-обҳои дренажӣ - обҳое, ки ба воситаи шабакаҳои заҳкашӣ сарҷамъ гардида, ба объектҳои об партофта мешаванд;

-обҳои партов - обҳое, ки баъди истифодаи он аз минтақаи ифлосшуда бо тартиби муқарраршуда ба объектҳои об партофта мешаванд;

-истифодаи объектҳои об- бо тарзи гуногун гирифтани манфиат аз объектҳои об барои қонеъ гардонидани талаботи моддӣ ва дигар эҳтиёҷоти шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ;

-Ҳифзи объектҳои об - фаъолият оиди ҳифз ва барқарорсозии объектҳои об нигаронидашуда;

-ифлосшавии объектҳои об - партов ё ба таври дигар дохил шудан, инчунин пайдо шудани моддаҳои зарароваре, ки сифати обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминиро бад мегардонанд, истифодаи қаър ва соҳилҳои объектҳои обро маҳдуд месозанд, ё ба онҳо таъсири манфӣ мерасонанд;

-олудашавии объектҳои об - партов ё ба таври дигар дохил шудани моддаҳо ё зарраҳои муаллақ ба объектҳои об, ки ҳолат ва истифодаи объектҳои обро душвор месозанд;

-камшавии об - мунтазам камшавии захира ва бадшавии сифати обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ;

-таъсири зараровари об - зери об, қисман зери об мондан ва дигар таъсири зараровари обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ ба минтақа ва объектҳои муайян;

-истифодабарандаи об- шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки обро ба тартиби муқарраргардида барои эҳтиёҷоти худ истифода мебаранд;

-фаъолияти хоҷагии об- фаъолияти шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ оиди истифода, барқарорсозӣ ва ҳифзи объектҳои об;

-иҷозат барои истифодаи махсуси обиҷозате, ки барои истифодабарии объекти об  аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об дода шудааст; (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

-оби нӯшокӣ- обе, ки аз рӯи ҳамаи сифатҳояш дар ҳолати табиӣ ё баъди коркарди он (тозакунӣ, безараргардонӣ, илова кардани моддаҳои зарурӣ) ба талаботи меъёрӣ мувофиқ аст ва барои нӯшидан ва эҳтиёҷоти маишии инсон ё барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрока истифода шуда метавонад;

-меъёрҳои сифати оби нӯшокӣ (талаботи меъёрӣ)- маҷмӯи бо усулҳои илмию тадқиқотӣ ва бо қоидаҳои санитарӣ муқарраршудаи нишондодҳои имконпазири хосиятҳои таркиби кимиёвӣ ва микробиологии оби нӯшокӣ, ки бехавфию безарарии онро барои саломатии инсон кафолат медиҳад;

-таъминкунӣ бо оби нушокӣ- фаъолияте, ки ба таъмини талаботи ба оби нушокӣ доштаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нигаронида шудааст;

-истифодаи умумии об- истифодаи умумии об бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳи техникӣ;

-истифодаи махсуси об- истифодаи об ба воситаи ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ;

-истифодабарандагони аввалаи об- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки объектҳои об ба онҳо барои истифодаи ҷудогона дода шудаанд;

-истифодабарандагони баъдинаи об- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба онҳо истифодаи объектҳои об бо розигии истифодабарандагони аввалаи об дар асоси шартномаи тарафайн бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об» дода мешавад; (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

-каптаж- ҷамъ кардан ва ба маҷрои муайян равона кардани обҳо бо мақсади бо пуррагӣ истифодабарӣ ва аз ифлосшавӣ нигоҳ доштани онҳо;

-мониторинг-мушоҳида, баҳодиҳӣ ва пешбинии ҳолати об;

-ассотсиатсияи истифодабарандагони об – ташкилоти ғайритиҷоратиест. Ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқии дорои ҳуқуқи истифодаи заминҳои кишоварзӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ таъсис дода мешавад;

-ташкилоти (идораи) - ҳавзавии хоҷагии об ва ё раёсат, ки ба истифодабарандагони об дар  ҳавзаи дарёҳо хизмат мерасонад;

- обхезӣ - офати табиӣ,  ки бар асари баланд  шудани сатҳи оби дарё,  кўл,  обанбор ва дигар  иншооти обӣ, ки дар натиҷаи он  масоҳати васеи маҳал зери об  монда, дучори осеб ё фалокат шуда метавонад. Ба обхезӣ обшавии барф, боришоти зиёди борон, рахнаи сарбанд ва дарғот, кўлҳое, ки аз фаромадани ярчу тарма ба вуҷуд омадаанд ва дигар ҳодисаҳои табиию иқлимӣ боис мешаванд; (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №572).

 - пешгирии обхезӣ - чорабиниҳое, ки пешакӣ андешида мешаванд ва барои кам кардани хатари рўй додани обхезӣ, таъмини амнияти аҳолӣ, кам намудани андозаи  зарар ба муҳити зист ва зиёни моддӣ дар мавриди обхезӣ равона карда шудаанд; (КҶТ аз 3.12.09с, №572).

 - бартараф намудани обхезӣ – корҳои наҷотдиҳӣ аз фалокат ва корҳои дигари  таъҷилӣ,  ки ҳангоми  рўй додани обхезӣ анҷом дода мешаванд, барои наҷот додани ҳаёт ва  ҳифзи саломатии аҳолӣ, кам кардани андозаи зарар ба муҳити зист ва талафоти моддӣ равона карда шудаанд; (К ҶТ аз 3.12.09с, №572).

- идоракунин хамгиронёнаи захирахои об - низоми идоракунй, ки бахисобгирй ва таъсири мутакобилаи захирахои об (обхои руизаминӣ, зеризаминй ва бозпасгашта) ва захирахои замин, инчунин захирахои дигари табиии ба онхо вобастаро дар худуди муайяни гидрографи ба асос гирифта, манфиати сохахо ва сатҳҳои гуногуни истифодабарии об ва захирахои табииро алокаманд месозад ва онхоро ба раванди кабули карор, банакшагирй, маблаггузорй, ҳифз ва рушди захирахои об ба манфиати рушди устувори ҷомеа ва хифзи мухити зист чалб менамояд;

  • иншиоти хочагии об - обанборхо, сарбандхо, каналхо, захбуру захкашхо, кубурхои об, чоххои об, чуйхо, иншооти гидротехники, садхои мухофизат аз об, новахо, кубурхои об бо коммуникатсияхо ва дигар чузъиёти инфрасохтори;
  • нақшаи хавзавии нстифодабарӣ ва хифзи захирахои об - накшаи рушд, истифодаи хамгироиёна ва хифзи захирахои об дар худуди гидрографии хавзаи асосии манбаи об;
  • шабакаи захбуру захкашхо - шабакаи бо хам пайвасти захбурхо ва захкашхои кушода ва пушила, иншооти гидротехники, чохҳои амудӣ ва инфрасохтори дигар, аз чумла хамаи қитъахои замине, ки барои таъмини нигохдорй, нстифодабарӣ ва таъмири шабакахои захбуру захкашхо чудо шудаанд;
  • ташкилоти хавзавии захирахои об - сохтори худудии макомоти ваколатдори давлатй оид ба танзими истифода ва хифзи захирахои об, ки барои идоракунии захирахои об дар худуди хавзаи асосй масъул мебошад;

-  шартнома оид ба обрасонӣ - санади хукукие, ки байни истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об ва ташкилоти обрасон оид ба шартхои обрасонй ба мухлати муайян баста мешавад;

  • Шурой мнллин об - макоми машваратшо маслихатии назди Х,укумати Цумхурии Точикистон, ки фаъолияти вазорату идорахо ва макомоти дигари давлатй, инчунин ташкнлотхои гайрндавлатиро дар бобати банакшагирй, идоракунй, истифодабарй ва хифзи захирахои об хамоханг месозад;
  • Шӯрои хавзавии об - макоми машваратию маслихатии хавзавй, ки фаъолияти ташкилотхои давлатӣ ва гаӣридавлатиро дар бобати банакшагирӣ, истифодабарӣ ва хифзи захирахои оби хавзаи муайяни об хамоханг месозад; (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 - усулҳои  мубориза бо обхезӣ – маҷмўи чорабиниҳои огоҳонӣ ва рафъи фалокат, ки барои кам кардани таъсири зиёновари обхезӣ равона шудаанд. (КҶТ аз 3.12.09с, №572).

 

Моддаи 3. Қонунгузорӣ дар бораи об

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Фонди давлатии об

1.Фонди давлатии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳамаи объектҳои об ва захираҳои оби дар онҳо ҷамъшуда, заминҳои ишғолкардаи онҳо минтақаҳо ва қитъаҳои ҳифзи обро дар бар мегирад.

2.Ба объектҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёҳо, кӯлҳо, пиряхҳо, барфтӯдаҳо ва дигар сарчашмаҳои рӯизаминӣ, инчунин минтақаҳои ҷамъшавии обҳои зеризаминӣ, аз ҷумла обҳои табобатию маъданӣ ва гарми зеризаминии дар ҳудуди он қарордошта мансуб мебошанд.

3.Захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҷмӯи тамоми намудҳои обҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ иборатанд.

 

Моддаи 41. Заминҳои фонди давлатии об

1.Заминҳои фонди давлатии об аз заминҳои зери дарё, кўл, обанбор, пиряхҳо, ботлоқзор, шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо, пойгоҳҳо,  чоҳҳои амудӣ, иншооти гидротехникӣ, хатҳои интиқоли барқ ва алоқа, роҳҳо, пулҳо, иморатҳо ва дигар объектҳои инфраструктураи соҳаи мелиоратсия ва захираҳои об, инчунин заминҳои барои минтақаи муҳофизатии об таъиншуда иборат мебошанд.

2.Қитъаҳои замин аз ҳисоби заминҳои фонди  давлатии об, ки зери иншооти хоҷагии об (шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо), шабакаҳое, ки аҳамияти аввалиндараҷа ва дуюмдараҷа доранд, инчунин иншооти ирригатсионие,  ки қитъаи замини як субъекти хоҷагидориро таъмин менамояд, метавонанд таҳти истифодаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба таври муваққатӣ ё доимӣ, пурра ё қисман қарор дошта бошанд.

3.Истифодабарии  ғайримақсадноки заминҳои фонди давлатии об, ки ба ҳолати онҳо таъсири манфӣ мерасонад, манъ аст.

4.Тартиби додани заминҳои фонди давлатии об барои истифода дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 20.03.08c, №381).

 

Моддаи 5. Моликияти давлатӣ будани об

1.Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон об моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самаранок ва ҳифзи онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

2.Амали шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки рӯирост ё пинҳонӣ ҳуқуқи моликияти давлатиро ба об вайрон мекунанд ва он мухолифи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, манъ буда, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.

                 

Моддаи 5 1. Иншооти хоҷагии об, ки таъиноти махсуси стратегӣ доранд

1.Иншооти хоҷагии об, ки таъиноти махсуси стратегӣ доранд, моликияти давлат буда, ба иҷора ва идоракунии шахсӣ додани онҳо қатъиян манъ аст.

2.Рўйхати иншооти хоҷагии об, ки таъиноти махсуси стратегӣ доранд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об

Дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об масъалаҳои зерин дар салоҳияти ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд:

-амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ба таври маҷмӯъ истифодабарӣ, ҳифз намудани захираҳои об ва таъмини оби нӯшокӣ ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва иттиҳодияҳо сарфи назар аз шакли моликият, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, инчунин шахсони ҳуқуқӣ вобаста ба истифода ва ҳифзи маҷмӯи об;

-муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об;

-тасдиқи тартиби  барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ ва додани иҷозат барои истифодаи махсуси об; (КҶТ аз 20.03.08c, №381).

-таҳия ва қабули барномаҳо ва лоиҳаҳои давлатӣ оид ба истифодабарии мақсаднок, ҳифзи захираҳои об дар доираи ташаккули обтаъминкунии аҳолӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда, соҳилмустаҳкамкунӣ ва вобаста ба дигар масъалаҳои хоҷагии об;

-танзими масъалаҳо вобаста ба муқаррар намудани тарифи хизмати обрасонӣ, аз ҷумла тафриқаи (дифферентсиатсияи) он бо назардошти арзиши аслии хизматрасонӣ; (КҶТ аз 20.03.08c, №381).

-амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатии инвеститсионӣ;

-танзими масъалаҳои марбут ба истифодаи пулакии об, амалӣ гардонидани сиёсати нархгузорӣ, муқаррар намудани тариф ва имтиёзҳо;

-рушд ва танзими муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи об;

-идоракунӣ, реструктуризатсия ва моликияти комплекси хоҷагии об;

-тасдиқи тартиби ташаккул ва истифодабарии фонди об, меъёрҳо ва реҷаи истифодаи он; (КҶТ аз 20.03.08c, №381).

-таъмини гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ доир ба рушди истифода ва ҳифзи захираҳои об, пешбурди баҳисобгирии давлатӣ ва назорат ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираҳои об, мушоҳидаи (мониторинги) сифати об ва ифлосшавии объектҳои об;

          - муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ,  назорат ва идораи корҳои мубориза бо обхезӣ, инчунин ваколату вазифаҳои он; (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №572).

          - тасдиқ намудани ҳайат ва ваколатҳои Комиссияи ҷумҳуриявии мубориза бо обхезӣ; (К ҶТ аз 3.12.09с, №572).

-таҳияи тадбирҳои пешгирӣ ва рафъи садамаҳои калон, офатҳои табиӣ ва бӯҳронҳои экологии вобаста аз таъсири зарарноки обҳо;

-таҳия ва амалӣ гардонидани барномаҳои соҳилбандӣ;

-муқаррар намудани низоми махсуси истифодаи об дар минтақаи ҳолатҳои фавқулодда;

-муқаррар намудани андоза ва тартиби пардохт барои ҳуқуқи истифода, барқарор, ҳифзи захираҳои об, интиқоли онҳо ва партофтани обҳои истифодашуда ба обгирҳо, ифлосшавӣ ва камшавии оби объектҳо;

-муқаррар намудани тартиби тағйир додани шакли моликият ба объектҳои хоҷагии об;

-таъмини аҳолӣ бо маълумот дар бораи ҳолати об, иншоотҳои об ва объектҳои хоҷагии об;

-амалӣ гардонидани тадбирҳои дигари вобаста ба истифодаи захираҳои об;

-танзими дигар масъалаҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст.

 

Моддаи 7. Салоҳияти мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об

Дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об масъалаҳои зерин дар салоҳияти мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо мебошанд:

-муайян кардани самтҳои асосии истифода ва ҳифзи об дар ҳудуди худ;

-таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар соҳаи танзим, истифода ва ҳифзи захираҳои об;

-баҳисобгирӣ, баҳодиҳии ҳолати об ва объектҳои об, назорат ба истифода ва ҳифзи об, риояи меъёрҳои (лимитҳои) муқараршудаи истеъмоли об;

-гузаронидани тадбирҳо доир ба нигоҳдошт ва беҳтар кардани ҳолати объектҳои об, пешгирӣ ва рафъи таъсири зараровар, инчунин ифлосшавии об, барқарор намудани объектҳое, ки дар натиҷаи садамаҳо, обхезӣ, селобҳо ва дигар офатҳои табиӣ зарар дидаанд;

-муайян ва тасдиқ намудани чорабиниҳои пешгирии обхезӣ бо роҳи таъсис додани сохтори дахлдори мубориза бо обхезӣ, сохтмони иншооти дахлдор барои пешгирии обхезӣ ва таъмини аҳолӣ бо иттилооти мубориза бо обхезӣ; (К ҶТ аз 3.12.09с, №572).

-дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти давлатӣ системаи назорати таҳдиди обхезӣ ва системаи огоҳонидани пешакӣ ва бартараф намудани обхезӣ ташкил намудан;  (К ҶТ аз 3.12.09с, №572).

-дар доираи ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, таъмин намудан бо оби нӯшокӣ, нигоҳ доштан ва тараққӣ додани системаҳои марказонидашуда, ғайримарказонидашуда ва системаҳои тақсимкунандаи оби нӯшокӣ ба истеъмолкунандагон;

-мувофиқат намудани ҷойгиркунонӣ ва ба истифода додани корхонаҳо, иншо, дастгоҳҳо оид ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия»  ва анҷом додани корҳо дар объектҳои об ва қитъаҳои наздисоҳилии ҳифзи об; (КҶТ аз 28.06.11с., №744)

-ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об; (КҶТ аз 20.03.08c, №381).

-танзими дигар масъалаҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст.

 

Моддаи 8. Танзим ва дастгирии давлатӣ дар соҳаи муносибатҳо оиди об

1.Дар соҳаи муносибатҳо ҷиҳати об масъалаҳои зерин аз тарафи давлат танзим мегарданд:

-муқаррар намудани тартиби истифодаи захираҳои об, ҳифзи онҳо аз ифлосу олудашавӣ, камшавӣ ва хушкшавӣ, пешгирӣ ва бартараф кардани таъсири зараровари обҳо;

-тасдиқи нақшаи истифодаи маҷмӯӣ ва ҳифзи обҳо, тавозунҳои (балансҳои) хоҷагии об, амалӣ гардонидани назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об, мушоҳидаи (мониторинги) сифати об ва ифлосшавии объектҳои об;

-банақшагирии тадбирҳо оиди истифода ва ҳифзи об, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари онҳо.

2.Дастгирии давлатӣ дар соҳаи таъминоти оби нӯшокӣ таҳия, қабул ва иҷрои барномаҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ба соҳибони системаҳои мутамарказ, ташкилотҳои истифодакунандаи системаҳои мазкур, инчунин ташкилотҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизот, дастгоҳ, мавод ва реагентҳо барои зарурати таъмини оби нӯшокӣ додани дотатсия, субвенсия, қарзҳои имтиёзнок, имтиёзҳои буҷетӣ ва гумрукиро дарбар мегирад.

 

Моддаи 9. Идоракунии давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи об

Идоракунии давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи об дар пайвастагӣ бо усулҳои ҳавзавӣ, марзӣ ва маъмурию ҳудудии идоракунӣ асос ёфта, аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об мувофиқи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 10. Додани ҳуқуқ барои идораи объектҳои хоҷагии оби моликияти давлатӣ ба шахсони ҳуқуқӣ (махсусгардонидашуда)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси тендер, бо нигоҳ доштани фаъолияти мақсаднок, метавонад ҳуқуқи идораи объектҳои хоҷагии оби моликияти давлатиро дар доираи ҳудуди маҳдуд, дар асоси шартнома, бо дарназардошти талаботи қонунгузории оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шахсони ҳуқуқии (махсусгардонидашуда) маҳаллӣ ва хориҷӣ диҳад.

 

Моддаи 11. Назорати давлатӣ аз болои истифода ва ҳифзи об

Назорати давлатӣ аз болои истифода ва ҳифзи захираҳои об аз таъмини риояи талаботи қонунгузории об аз ҷониби тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади истифодаи самаранок ва ҳифзи обҳо иборат мебошад.

 

Моддаи 12. Мақомоти назорати давлатии танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об

1.Назорати давлатии истифода ва ҳифзи об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об амалӣ гардонида мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

2.Мақомоти мазкур ва ваколатҳои он аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 13. Иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар татбиқи тадбирҳои истифодаи сарфакорона ва ҳифзи об

Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли моликият, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ҷиҳати иштирок дар тадбирҳо доир ба истифодаи самаранок ва ҳифзи об имкон дода мешавад.

 

БОБИ 2. ҶОЙГИРКУНӢ, БАЛОИҲАГИРӢ, СОХТМОН ВА БА ИСТИФОДАДИҲИИ КОРХОНАҲО, ИНШООТ ВА ДИГАР ОБЪЕКТҲОИ БА ҲОЛАТИ ОБ ТАЪСИРКУНАНДА

 

Моддаи 14. Шартҳои ҷойгиркунӣ, балоиҳагирӣ, сохтмон ва баистифодадиҳии корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳои ба ҳолатиобҳо таъсиркунанда

1.Ҷойгиркунӣ, балоиҳагирӣ, сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳои наву таҷдидгардида, инчунин ҷорӣ намудани равандҳои нави технологӣ, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, бояд истифодаи сарфакоронаи обҳо бо риояи талаботи бехатарии экологӣ ва ҳифзи саломатӣ, дар навбати аввал қонеъ гардонидани ниёзи аҳолиро ба оби нӯшокӣ ва эҳтиёҷоти маишӣ таъмин намояд. Бо ин мақсад тадбирҳои таъминкунандаи масъалаҳои зайл пешбинӣ мегарданд:

-баҳисобгирии оби аз объектҳои об гирифта ва ба онҳо баргардонидашаванда;

-ҳифзи обҳо аз ифлосу олудашавӣ, камшавӣ;

-пешгирии таъсири зараровари обҳо;

-маҳдуд кардани обзеркунии заминҳо то андозаи ҳадди ақали имконпазир;

-ҳифзи заминҳо аз обзеркунӣ, ботлоқшавӣ, баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ, шӯршавӣ ва хушкшавӣ;

-ташкили ҳудуди ҳифзи об ва нигоҳ  доштани шароитҳои мусоиди минтақаҳои табиӣ.

2.Ҳангоми ба лоиҳагирӣ ва сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳое, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, вобаста ба шароити табиӣ ва хоҷагӣ бояд тадбирҳое сари вақт амалӣ гардонида шаванд, ки ҳифзи моҳӣ ва дигар ҳайвоноту набототи обӣ ва шароитро барои барқарор кардани онҳо таъмин намуда, инчунин имкониятҳои истифода аз объектҳои об ҷиҳати истироҳат ва варзишро ба инобат гиранд.

3.Ҳангоми балоиҳагирӣ ва сохтмони иншоот ё азнавсозии объектҳои мавҷуда барои гирифтани обҳои зеризаминӣ низоми истифодаи ин иншоот бояд ифлосу камшавии онҳоро истисно намояд.

 

Моддаи 15. Муайян кардани ҷойҳои сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳое, ки ба ҳолати об таъсир мерасонанд

Муайян кардани ҷойҳо барои сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳое, ки ба ҳолати об таъсир мерасонанд, бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, мақомоти назорати давлатии санитарӣ ва мақомоти дигар мутобиқи қонунгузорӣ мувофиқат карда мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 16. Мувофиқат кунонидани лоиҳаҳои сохтмони корхонаҳо, иншооту дигар объектҳое, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд

1.Лоиҳаҳои сохтмони корхонаҳ, иншооту дигар объектҳои дар моддаи 17 Кодекси мазкур нишондодашуда бояд бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об, мақомоти дигар мутобиқи ҳолатҳо ва тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, мувофиқат карда шавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

2.Сохтмони корхонаҳо, иншоот ва объектҳои дигаре, ки ба ҳолати обҳо таъсир  мерасонанд, танҳо ҳангоми мавҷуд будани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ, иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 17. Шартҳои манъ кардани баистифодадиҳии корхонаҳо, иншоот ва объектҳои дигаре, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд

1.Ба истифода додани объектҳои зерин манъ аст:

-объектҳои обистифодабарандагоне, ки иҷозат барои истифодаи махсуси об ва хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ надоранд;

-корхонаҳо, сехҳо, агрегатҳо, объектҳои коммуналӣ ва дигар объектҳои наву таҷдидгардида, ки бо дастгоҳҳои пешгирикунандаи ифлосшавии обҳо ва таъсири зараровари онҳо таъмин нагардидаанд;

-системаҳои обёрӣ ва оббарорӣ, обанборҳо ва каналҳо то гузаронидани тадбирҳои дар лоиҳаҳо пешбинигардида, ки зериобмонӣ, ботлоқу шӯршавӣ ва бодлесии заминҳоро пешгирӣ мекунанд;

-системаҳои заҳбуру заҳкашӣ то тайёр шудани обгирҳо ва дигар объектҳо мувофиқи лоиҳаҳои тасдиқгардида;

-иншооти гидротехникии маҷроӣ то тайёр шудани дастгоҳҳо барои гузаронидани селобҳо ва моҳиҳо мутобиқи лоиҳаҳои тасдиқгардида;

-иншооти хоҷагии об дар лоиҳаҳое, ки дар онҳо ҷуброни зарари ба захираҳои моҳӣ, дигар ҳайвоноту набототи обӣ расонидашаванда, пешбинӣ нагардидааст;

-чоҳҳои барои об пармашуда бидуни таҷҳизонидани онҳо бо дастгоҳҳои танзими об ва дар ҳолатҳои зарурӣ муқаррар намудани минтақаҳои ҳифзи санитарӣ.

2.То анҷом додани тадбирҳои дар лоиҳа пешбинигардида оиди омода сохтани маҷрову обраҳаҳо пур кардани обанборҳо манъ аст.

 

Моддаи 18. Балоиҳагирии сохтмони пулҳо, гузаргоҳҳо ва дигар коммуникатсияҳои нақлиётӣ ба воситаи объектҳои об

Лоиҳаҳои сохтмони пулҳо, гузаргоҳҳо ва дигар коммуникатсияҳои нақлиётӣ ба воситаи объектҳои об бояд шароитҳоеро пешбинӣ намоянд, ки гузаронидани селобҳо, риояи низоми истифодаи объектҳои об, ҳифзи моҳӣ ва дигар ҳайвоноти обӣ, пешгирӣ намудани ифлосшавӣ, олудашавию камшавии обҳо ва дигар таъсири зарароварро таъмин намоянд.

 

БОБИ 3. ИҶРОИ КОРҲО ДАР ОБЪЕКТҲОИ ОБ ВА ДАР МИНТАҚАҲОИ ҲИФЗИ ОБ

 

Моддаи 19. Тартиби иҷрои корҳо дар объектҳои об ва дар минтақаҳои наздисоҳилии ҳифзи об

Корҳои сохтмонӣ, чуқуркунии қаъри маҷрои об ва корҳои таркишӣ, истихроҷи маводи ғайримаъданӣ, кашидани кабелҳо, хати қубурҳо ва дигар коммуникатсияҳо, буридани ҷангал, ҷамъоварии растаниҳои обӣ, корҳои пармакунӣ, кишоварзӣ ва дигар корҳо дар объектҳои об ё дар минтақаҳои ҳифзи оби наздисоҳилии обанборҳо, ки ба ҳолати об таъсир мерасонанд, бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ва дигар мақомот мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба амал бароварда мешаванд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 20. Минтақаҳои ҳифзи оби объектҳои об

1.Минтақаҳои ҳифзи об ҳудудест бевосита ҳамшафати маҷрои дарёҳо, каналҳои таъиноти гуногун, обанборҳо, дигар объектҳои об, ки дар он низоми махсуси истифодаи об ба мақсади ҳифзи ин объектҳо аз ифлосшавӣ, лойқашинӣ, олудашавӣ аз обовардҳо ва дигар зуҳуроти номатлуб, инчунин барои ташкили низоми мусоиди об муқаррар карда мешавад.

2.Ба минтақаҳои ҳифзи об инҳо мансубанд:

-минтақаҳои ҳифзи санитарии рӯизаминӣ ва сарҳадоти паҳншавии обҳои зеризаминӣ;

-қитъаҳои соҳилии обанборҳо ва кӯлҳои табиӣ;

-қитъаҳое, ки барои сохтмони каналҳои таъиноти гуногун ҷудо карда мешаванд.

 

Моддаи 21. Муқаррар намудани минтақаҳои наздисоҳилии ҳифзи об ва минтақаҳои ҳифзи санитарӣ

1.Минтақаҳои наздисоҳилии ҳифзи об ва минтақаҳои ҳифзи санитарии объектҳои об дар шакли табиӣ мутобиқи лоиҳаҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об ва дигар мақомоти давлатии ба ин ваколатдор муқаррар карда мешаванд. Лоиҳаҳои минтақаҳои наздисоҳилии ҳифзи обро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо супориши вай мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об тасдиқ мекунад.

2.Минтақаҳои ҳифзи об ва минтақаҳои ҳифзи санитарии манбаъҳои об, ки дар салоҳияти ҳукуматҳои маҳаллӣ қарор доранд, дар шакли табиӣ ва бо ҳамон тартиб дар сатҳи дахлдор муқаррар карда мешаванд, аммо лоиҳаҳоро бошад мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ё бо супориши онҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об тасдиқ мекунанд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 22. Нигоҳ доштани минтақаҳои ҳифзи об дар ҳолати мусоид

Дар ҳолати мусоид нигоҳ доштани минтақаҳои ҳифзи об бо риояи низоми истифодаи ҳудуди онҳо ба зиммаи роҳбарони иттиҳодияҳо, ташкилоту  хоҷагиҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеият, инчунин ба шаҳрвандоне, ки заминҳои корами дар ҳудуди минтақаҳои ҳифзи об ҷойгирифта дар истифодаи онҳо қарор доранд, гузошта мешавад. Дар минтақаҳои ҳифзи об истифодаи моддаҳои кимиёвӣ, иҷрои корҳо ва ҷойгир кардани объектҳое, ки  ба ҳолати об таъсири зараровар мерасонанд, манъ карда мешавад.

 

ФАСЛИ II. ИСТИФОДАИ ОБ

 

БОБИ 4. НАМУДҲОИ ИСТИФОДАИ ОБ

 

Моддаи 23. Истифодаи умумӣ ва махсуси об

1.Истифодаи умумии об бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникие, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, анҷом дода шуда, аз истифодаи махсуси об, ки бо истифодаи чунин иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ амалӣ гардонида мешавад, фарқ мекунад. Дар мавридҳои алоҳида ба истифодаи махсуси об имкон дорад истифодаи объектҳои об бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ, ки ба вазъи об таъсир мерасонанд, мансуб дониста шавад.

2.Номгӯи намудҳои истифодаи махсуси об ва миқдори обгирӣ аз объектҳои об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об муқаррар карда мешаванд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 24. Истифодаи якҷоя ва ҷудогонаи об

Объектҳои об метавонанд таҳти истифодаи якҷоя ва ҷудогона қарор гиранд. Дар истифодаи якҷоя метавонанд объектҳои обе (қисми объектҳои обе), ки ба истифодаи ҷудогона дода нашудаанд, қарор гиранд. Дар истифодаи ҷудогона объектҳои обе (қисми объектҳои обе) қарор доранд, ки дар асоси қарори мақомоти давлатӣ (моддаи 38 Кодекси мазкур) барои истифода ба як шахси ҳуқуқӣ дода шудаанд.

 

Моддаи 25. Истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об

1.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки объектҳои об ба онҳо барои истифодаи ҷудогона дода шудааст, истифодабарандагони аввалаи об буда, дар ҳолатҳои муқарраркардаи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифодаи баъдинаи обро иҷозат диҳанд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

2.Шартҳои истифодаи баъдинаи об, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафайн бояд дар шартномаи байни истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об зикр гардида, ба расмият дароварда шаванд.

 

Моддаи 26. Намудҳои истифодаи об, ки аз рӯи таъиноти асосии мақсаднок фарқ мекунанд

1.Объекти об дар сурати риоя намудани талаботи дар қонун пешбинишуда ва шартҳои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, маишӣ, муолиҷавӣ, курортӣ, солимгардонӣ ва дигар ниёзи аҳолӣ, талаботи кишоварзӣ, саноатӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, моҳипарварӣ ва дигар талаботҳо, инчунин дар як вақт барои якчанд мақсад ба истифода дода мешавад.

2.Истифодаи об, ки бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ, ки ба ҳолати обҳо таъсир намерасонанд, анҷом дода мешавад, аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дар сурати риояи талаботи муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об, гирифтани иҷозатро  барои истифодаи махсуси об талаб намекунад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

БОБИ 5 ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ ВА ОБЪЕКТИ ИСТИФОДАИ ОБ

 

Моддаи 27. Истифодабарандагони об

Ҳама гуна шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият, ки фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода, талаботи қонунгузории оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро мекунанд, истифодабарандагони об буда метавонанд.

Ба сифати  истифодабарандагони  об  баромад  мекунанд шахсони  воқеӣ  ва  шахсони  ҳуқуқӣ.Шахсони  воқеӣ 

 

Моддаи 28. Объектҳои истифодаи об

Объектҳои обе ба истифода дода мешаванд, ки дар моддаи 4 Кодекси мазкур зикр гардидаанд.

 

Моддаи 29. Қисман ё пурра манъ кардани истифодаи объектҳои об

Истифодаи объектҳои обе, ки дорои аҳамияти махсуси давлатӣ ё арзиши махсуси илмию фарҳангӣ мебошанд, мумкин аст қисман ё пурра бо тартиби муқаррарнамудаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шаванд.

 

БОБИ 6. ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ

 

Моддаи 30. Ба истифодаи афзалиятнок барои эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва маишии аҳолӣ додани объектҳои об

Объектҳои об пеш аз ҳама барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва маишии аҳолӣ ба истифода дода мешаванд.

 

Моддаи 31. Шартҳои иқтисодии ба истифода додани объектҳои об

1.Истифодаи умумии об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бепул аст.

2.Истифодаи махсуси об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пулакӣ сурат мегирад.

3.Пардохт аз ҳамаи истифодабарандагони об ғайр аз истифодаи умумии об ва истифодабарандагони манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ки то 30000 кВт/соат энергияи барқ истеҳсол менамоянд сарфи назар аз мансубияти идоравӣ, шаҳрвандӣ, намудҳои моликият ва шаклҳои хоҷагидорӣ, ба истиснои мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ситонида мешавад. (КҶТ аз 28.06.11с., №744)

4.Пардохт ситонида мешавад:

-барои истифодаи захираҳои об дар доираи меъёри (лимити) муқараргардида (ғайр аз обёрии кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, инчунин истифодаи об барои истеҳсоли энергияи барқ то 30000 кВт/соат); (КҶТ аз 28.06.11с., №744)

-барои истифодаи аз меъёр (лимити) зиёд ва ғайриоқилонаи захираҳои об;

-барои хизматрасонии вобаста бо ҷамъшавӣ, интиқоли об то сарҳади истифодабарандагон, тақсим ва тоза кардани обҳо;

-барои додани ҳуқуқи истифодаи захираҳои об бо мақсади обёрӣ;

-барои анҷом додани дигар тадбирҳои хоҷагии об (ғайр аз обёрии кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал).

5.Тартибу шартҳои муқаррар намудан ва ситонидани маблағро барои истифодаи объектҳо ва захираҳои об санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 32. Иҷозат барои истифодаи махсуси об

Истифодаи махсуси об дар соҳаҳои иқтисодиёт дар асоси иҷозатномаҳои аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об додашаванда амалӣ мегардад. Дар мавридҳои зарурӣ иҷозат бо мақомоти ваколатдори давлатӣ доир ба назорати санитарӣ, инчунин бо дигар идораҳои манфиатдор мувофиқат карда мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 33. Иҷозат барои истифодаи махсуси об, ки аз ҷониби мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода мешавад

1.Иҷозат ҷи ати истифодаи обҳои зеризаминӣ, ки барои таъмини мутамаркази об ба воситаи сохтани чоҳҳои шахтавӣ ва чоҳҳои обсофкунанда дар ҳудуди деҳот, шаҳраку шаҳрҳо, истифода намегарданд, инчунин каптажи чашмаҳо, ки бидуни маҷбуран паст кардани сатҳи об кор мекунанд, аз ҷониби мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дода мешаванд.

2.Сохтани чоҳҳо ва каптажҳои мазкур дар заминҳои захираи давлатӣ ва фонди давлатии ҷангал дар мувофикд бо макомоти ваколатдори давлати оид ба танзими истифода ва хифзи захирахои об, мақомоти идораи захираҳои замин ва заминсозӣ дар асоси иҷозатномаҳое, ки мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ медиҳанд, анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 34. Тартиби амалӣ гардонидани истифодаи умумии об

1.Истифодаи умумии об бидуни иҷозат  амалӣ мегардад. ҳангоми истифодаи умумии об риояи талаботи мақомоти назорати давлатии санитарӣ, қоидаҳои ҳифзи одамон дар об ва мақомот доир ба истифодаи сарфакорона ва ҳифзи обҳо ҳатмист.

2.Бо мақсади ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон, инчунин аз рӯи асосҳои истеҳсолӣ ва дигар асосҳо мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об, мақомоти назорати давлатии санитарӣ, дигар мақомоти манфиатдор маҳалҳоеро, ки дар онҳо оббозӣ, заврақронӣ, об додани чорво манъ аст, муқаррар менамоянд, инчунин дигар шартҳои истифодаи умумии обро дар объектҳои об муайян мекунанд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

3.Мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқиро дар бораи шартҳои оиди истифодаи умумии об муқаррар кардаашон хабардор намоянд.

 

Моддаи 35. Истифодаи умумии об дар объектҳои об, ки ба истифодаи ҷудогона дода шудаанд

1.Дар объектҳои об, ки ба истифодаи ҷудогона дода шудаанд, истифодаи умумии об бо шартҳои муқарраркардаи истифодабарандагони асосии об бо шартҳои муқарраркардаи истифодабарандагони асосии об бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об иҷозат додашуда, ҳангоми зарурат имкон дорад истифодаи умумии об манъ карда шавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

2.Истифодабарандаи асосии об вазифадор аст, дар бораи шартҳо ё манъ кардани истифодаи умумии об ба аҳолӣ иттилоъ диҳад.

 

Моддаи 36. Ба истифодаи ҷудогона додани объектҳои об

1.Объектҳои об ба истифодаи ҷудогона ба таври пурра ё қисман дар асоси қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё м мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об бо мувофиқати ҳокимиятҳои иҷроия дар маҳалҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.

2.Дар қарорҳо оиди ба истифодаи ҷудогона додани объектҳои об мақсадҳое, ки объектҳои об барои онҳо дода мешаванд ва шартҳои асосии истифодаи объектҳои об зикр мегарданд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 37. Мақомоте, ки объектҳои обро ба истифодаи ҷудогона медиҳанд

1.Мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳияҳо ва шаҳрҳо обанборҳои бастаро (бемаҷроро), ки дар ҳудуди шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ҷойгиранд, дар сурати ба дигар истифодабарандагони об таъсири манфӣ нарасонидан ба истифодаи ҷудогона медиҳанд.

2.Мақомоти ҳокимияти иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мақомоти вилоятии ҳокимияти иҷроия объектҳои обро, ки дар ҳудуди вилоят ҷойгиранд, ба истифодаи ҷудогона медиҳанд.

3.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об объектҳои об ё қисми онҳоро мувофиқи ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ба истифодаи ҷудогона медиҳанд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 38. Ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодаи ҷудогонаи объекти обро тасдиқ мекунанд

1.Ҳуқуқи истифодакунандагони об ба истифодаи ҷудогонаи объекти об бо санадҳои давлатии ҳуқуқи истифодаи об, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроияи вилоятҳо, ноҳия ва шаҳрҳо дода мешаванд, тасдиқ мегарданд.

2.Шакли ин санадҳоро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об таҳия ва тасдиқ менамояд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 39. Мӯҳлатҳои истифодаи об

1.Объектҳои об ба истифодаи бемӯҳлат ё муваққатӣ дода мешаванд. Истифодаи бемӯҳлати (доимии) об ҳамин гуна истифодаи об дониста мешавад, ки мӯҳлаташ қаблан муқаррар нагардидааст.

2.Истифодаи муваққатӣ имкон дорад кӯтоҳ  мӯҳлат- то се сол ва дарозмӯҳлат- аз се сол то бисту панҷ сол бошад. ҳангоми зарурат мӯҳлатҳои истифодаи об метавонанд ба давраҳое, ки аз мӯҳлатҳои мутобиқан истифодаи кӯтоҳ мӯҳлат ё дарозмӯҳлат зиёд нестанд, дароз карда шаванд.

3.Истифодаи умумии об бо мӯҳлат маҳдуд карда намешавад.

 

Моддаи 40. Ҳисоб кардани мӯҳлатҳои истифодаи муваққатии об

Мӯҳлатҳои истифодаи муваққатии об аз рӯзи қабул гардидани қарор дар бораи ба истифодаи ҷудогона додани объекти об ё додани иҷозати махсуси истифодаи об ҳисоб карда мешавад, агар дар худи қарор ё иҷозат  мӯҳлати дигаре нишон дода нашуда бошад.

 

Моддаи 41. Тартиби дароз кардани мӯҳлатҳои истифодаи муваққатии об

Мӯҳлатҳои истифодаи муваққатии об бо хоҳиши истифодабарандагони манфиатдори об аз ҷониби мақомоти давлатие, ки дар бораи ба истифодаи ҷудогона додани объекти об қарор қабул кардаанд ё барои истифодаи махсуси об иҷозатнома додаанд, дароз карда мешаванд.

 

БОБИ 7. ҲУҚУҚУ  ЎҲДАДОРИҲОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ ВА ТАШКИЛОТҲОИ ХОҶАГИИ ОБ

 

Моддаи 42. Истифодаи объекти об мувофиқи таъинот

Истифодабарандагони об ҳуқуқ доранд, аз объектҳои об ба он мақсадҳое, ки ин объектҳои об барои онҳо бо иҷозат ҷиҳати истифодаи махсуси об дода шудаанд, истифода баранд.

 

Моддаи 43. Ҳуқуқҳои истифодабарандагони об

1.Мувофиқи таъиноти мақсаднок, ки ҷиҳати истифодаи махсуси объекти об иҷозатнома дода шудааст, тибқи тартиби муқарраргардида истифодабарандагони об ҳуқуқ доранд:

-пайдо кардани об ҷиҳати истифодаи минбаъдаи он;

-истифодаи объекти об барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ, саноат, гидроэнергетика, нақлиёт, хоҷагиҳои моҳипарварию шикор ва дигар мақсадҳои манъ карданашуда;

-сохтани системаҳои обёрӣ, бунёд намудану муҷаҳазонидани иморати иншоотҳои гидротехникии хоҷагии об, инчунин анҷом додани таъмиру таҷдид ва барҳамдиҳии он;

-истифодаи объектҳои об барои истироҳат, гузаронидани тадбирҳои варзишию солимгардонӣ, нигоҳ доштани ҳолати мусоиди табиӣ, инчунин анҷом додани дигар амалҳои бо қонунгузорӣ доир ба истифодаи иншооти об манъкарданашуда;

-талаб намудан аз мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об дар хусуси андешидани тадбирҳо доир ба пешгирӣ кардани камшавӣ ва ифлосшавии фонди об, таъмини захираҳои об бо миқдор ва сифати муайян; (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

-муттаҳид шудан дар ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об.

2.Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об бо мақсади нигоҳ доштан, истифода намудани системаҳои  мелиоративӣ ва ирригатсионии дохилихоҷагӣ, ки дар истифодаи якҷоя ва фардӣ қарор доранд, ҷиҳати тақсими боадолатона, самаранок ва саривақтии об байни хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ҷамъоварии пардохт барои расонидани об, ҳалли низоъҳое, ки байни аъзо оид ба тақсим ва истифодаи об ба миён меоянд, таъсис дода мешаванд.

 

Моддаи 44. Маҳдудияти ҳуқуқхои истифодабарандагони об

1.Дар ҳолатҳои камобии аз ҳад зиёд, ҳолатҳои садамавӣ дар объектҳои об, хатари сар задани бемориҳои сирояткунанда, муриши ҳайвонот ва дар дигар ҳолатҳо ҳуқуқҳои истифодабарандагони об ба манфиатҳои давлат инчунин ба манфиатҳои дигар истифодабарандагони об маҳдуд карда мешаванд. Бо вуҷуди ин ба бад шудани шароитҳои истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва маишии аҳолӣ бояд роҳ дода нашавад.

2.Маҳдуд кардани ҳуқуқҳои истифодабарандагони об ҳангоми амалӣ гардонидани тадбирҳои таъхирнопазир доир ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки дар натиҷаи таъсири зараровари об ба вуқӯъ омадаанд, бо моддаи 130 Кодекси мазкур танзим карда мешавад.

3.Ҳангоми напардохтани ҳақи истифодаи об мутобиқи моддаи 31 Кодекси мазкур истифодаи он қисман ё пурра қатъ мегардад.

4.Ҳуқуқҳои истифодабарандагони обро метавонад мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об, ки барои истифодаи махсуси об иҷозатнома додааст, маҳдуд намояд, ҳуқуқҳои истифодаи баъдинаи об аз ҷониби истифодабарандаи аввалаи об бо мувофиқати мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об, инчунин дигар мақомот мутобиқи ҳамин Кодекс, маҳдуд карда мешаванд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 45. Ӯҳдадориҳои истифодабарандагони об

Истифодабарандагони об ӯҳдадоранд:

-истифодаи оқилонаи объектҳои об, зоҳир намудани ғамхорӣ оид ба масрафи сарфакоронаи об, барқарору беҳтар кардани сифати обҳо;

-ҷорӣ кардани технологияи нигоҳдории захираи об, ки ба баланд бардоштани дараҷаи самаранокии истифодаи об, беҳтар шудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва муҳити зист мусоидат мекунад;

-андешидани тадбирҳои имконпазир ҷиҳати қатъи пурраи партофтани обҳои партов ба объектҳои об ва обҳои ҷорӣ, ки дар таркибашон маводи ифлоскунанда доранд;

-роҳ надодан ба вайрон кардани ҳуқуқҳои ба дигар истифодабарандагони об додашуда, инчунин андешидани тадбирҳо ҷиҳати нарасонидани зарар ба объектҳои хоҷагӣ ва табиӣ (замин, ҳайвоноту набобот, канданиҳои фоиданок ва ғайра);

-сари вақт пардохтани ҳақи истифодаи захираҳои об ва хизмати расонидани об ба истифодабарандагон;

-дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани иншоотҳои обёрӣ, заҳбурҳо, обтозакунӣ, дигар объектҳо ва воситаҳои техникӣ, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, беҳтар гардонидани сифати истифодаи онҳо;

-мустақилона ё якҷоя бо дигар мақомот тибқи тартиби муқарраргардида анҷом додани назорат ба сифат ва миқдори оби истифодашаванда;

-амалӣ гардонидани тадбирҳои ҳифзи моҳӣ ва дигар набототу ҳайвоноти обӣ;

-дар ҳолати зарурӣ нигоҳ доштани минтақаҳои ҳифзи об бо риояи низоми истифодаи ҳудуд, агар онҳо таҳти истифодаашон қарор дошта бошанд;

-риоя намудани талаботи муқарраргардида ва шартҳои шартномаи истифодаи об, ки бо ташкилотҳои обрасон ва бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об баста шудааст; (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

-иҷрои дигар талаботе, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар иҷозатномаҳо барои истифодаи махсуси об пешбинӣ гардидаанд.

 

Моддаи 46. Ҳавасмандгардонии обистифодабарандагоне, ки тадбирҳои истифодаи самаранок ва ҳифзи обҳоро амалӣ мегардонанд

Тадбирҳои ҳавасмандгардонии истифодабарандагони об, ки амалигардонии чорабиниҳои ба ҷамъият фоиданокро оид ба истифодаи сарфакорона ва ҳифзи об иҷро менамоянд, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об таҳия ва бо идораҳои манфиатдор мувофиқат гардида, аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 47. Ҳуқуқи ташкилотҳои хоҷагии об дар бобати истифода намудани захираҳои об

Ташкилотҳои хоҷагии об барои таъмини эҳтиёҷоти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ амалҳои обро аз манбаъҳои об гирифтан, расонидан ва байни истифодабарандагон тақсим намуданро иҷро менамоянд.

 

Моддаи 48. Ӯҳдадориҳои ташкилотҳои хоҷагии об оиди обрасонӣ

1.Ташкилотҳои хоҷагии об фаъолияти худро мутобиқи Кодекси мазкур, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи тарафҳо оиди расонидани об ба истифодабарандагон амалӣ менамоянд.

2.Ҷиҳати риоя намудани нуқтаҳои шартномаи тарафҳо оиди обрасонӣ ташкилотҳои хоҷагии об ӯҳдадоранд:

-ҳолати боэътимоди техникии системаҳои обёриро (ирригатсиониро) то мӯҳлатҳои дар шартномаи тарафҳо оиди ба истифодабарандагон расонидани миқдори об пешбинишуда таъмин намоянд;

-заҳбуру заҳкашҳо, объектҳои қабули оби партов, обтаъминкунӣ ва обравониро омода созанд;

-обистифодабарандагонро мутобиқи мӯҳлат ва меъёри пешбинишуда бо об таъмин намоянд;

-бо мувофиқат бо истифодабарандагони об барои муайян кардани миқдори оби расонидашуда, дар ҷойҳои обгузаре, ки дар шартнома нишон дода шудааст, дастгоҳҳои обченкунӣ гузоранд.

 

БОБИ 8. ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ҲУҚУҚҲОИ  ИСТИФОДАИ ОБ

 

Моддаи 49. Асосҳои қатъ гардидани ҳуқуқҳои истифодаи об

1.Ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истифодаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

-аз байн рафтани зарурати истифодаи об ё даст кашидан аз он;

-ба охир расидани мӯӯҳлати дар иҷозати истифодаи махсуси об нишондодашуда;

-аз нав ташкил намудан ва барҳам додани шахси ҳуқуқӣ, фавти шахси воқеӣ;

-ба миён омадани зарурати давлатиибекор кардани иҷозати истифодаи махсуси об;

-мунтазам вайрон кардани шартҳои шартнома дар бораи истифодабарии об, ки бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об баста шудааст. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

2.Ҳуқуқи истифодаи об (ғайр аз ҳуқуқи истифода аз захираҳои об барои эҳтиёҷи нӯӯшиданӣ ва маишӣ) дар сурати аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вайрон кардани қоидаҳои истифодаи об ё истифодаи объекти об хилофи мақсаде, ки он дода шудааст, инчунин дар ҳолатҳои ба таври назаррас вайрон кардани таносуби экологии муҳити зист қатъ карда мешавад.

3.Дар қонун ҷиҳати қатъи ҳуқуқи истифодаи об метавонад дигар асосҳо пешбинӣ гардад.

 

Моддаи 50. Тартиби қатъ гардидани ҳуқуқҳои истифодаи об

1.Ҳуқуқи истифодаи об бо усусли зайл қатъ мегардад:

-бекор кардан ё боздоштани амали иҷозати истифодаи махсуси об;

-кашида гирифтани иншооти об, ки барои истифодаи ҷудогона дода шудааст.

2.Истифодаи баъдинаи об имкон дорад бо қарори истифодабарандаи аввалаи об ва бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об, ки барои истифодаи махсуси об иҷозат додааст, қатъ карда шавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 51. Гирифтани объекти об аз истифодаи ҷудогона

Гирифтани объекти об аз истифодаи ҷудогона аз ҷониби мақомоте, ки объекти обро мутобиқи моддаи 36 ба истифодаи ҷудогона додаанд, ба амал бароварда мешавад. Объекти об аз истифодаи мамнӯӯъгоҳҳо мувофиқи моддаи 97 Кодекси мазкур гирифта мешавад.

 

Моддаи 52. Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳои хоҷагии об, қатъ гардонидан ё тағйир додани шартҳои истифодаи об расонида шудаанд

Зарари ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳои хоҷагии об (корҳои гидротехникӣ ва монанди инҳо, ғайр аз ҳолатҳои садамавӣ ва вобаста бо офатҳои табиӣ), инчунин қатъ гардонидан ё тағйир додани шартҳои дар шартномаи истифодаи об нишондодашуда, бояд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда шавад.

 

БОБИ 9. ИСТИФОДАИ  ОБЪЕКТҲОИ  ОБ  БАРОИ  ЭҲТИЁҶОТИ  НӮШИДАНӢ,  МАИШӢ  ВА ДИГАР ЭҲТИЁҶОТИ АҲОЛӢ

 

Моддаи 53. Об ва объектҳое, ки барои эҳтиёчоти нӯиданӣ, маишӣ ва дигар эҳтиёчоти аҳолӣ дода мешаванд

Барои таъмини оби нӯшиданӣ, маишӣ, инчунин дигар эҳтиёҷоти аҳолӣ объектҳои обе дода мешаванд, ки сифати онҳо ба талаботи муқарраркардаи санитарӣ мувофиқ мебошад.

 

Моддаи 54. Таъминоти мутамаркази аҳолӣ бо об

1.Ҳангоми бо тартиби обтаъминкунии мутамарказ истифода намудан аз объекти об барои эҳтиёҷоти нӯшиданӣ, маишӣ ва дигар эҳтиёҷоти аҳолӣ шахсони ҳуқукӣ, ки хати қубурҳои оби хоҷагию нӯшиданӣ дар идоракунии фаврӣ ё моликияти онҳо қарор гирифтааст, ҳуқуқ доранд, обро аз манбаъҳои обтаъминкунӣ мутобиқи иҷозати барои истифодаи махсуси об додашуда, онро ба истеъмолкунандагон диҳанд.

2.Шахсони ҳуқуқӣ вазифадоранд:

-ҳамаи шартҳои технологиро ҳангоми ба истифодабарандагон расонидани оби нӯшокӣ иҷро намоянд;

-расонидани оби нӯшокиро мувофиқи меъёрҳои муқарраршудаи сифат, ташкили баҳисобгирии оби гирифташаванда, мушоҳидаи (мониторинги) мунтазами сифати обро дар ҷойҳои обгирӣ таъмин намоянд;

-низоми мунтазам додани оби нӯшокиро барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти аҳолӣ ва ташкилотҳои саноати хӯрокворӣ дар навбати аввал таъмин намоянд;

-набояд ба вайрон шудани низоми мунтазами обрасонӣ ба аҳолӣ, эҳтиёҷоти ташкилотҳо, протсесҳои технологиии ба оби нӯшокӣ зарурат надошта, сабаб шаванд;

-ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об, мақомоти назорати давлатии санитарӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо оиди бад шудани сифати об аз меъёри муқарраргардида хабар диҳанд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 55. Таъминоти ғайримутамаркази аҳолӣ бо об

1.Ҳангоми тибқи тартиби обтаъминкунии ғайримутамарказ истифода намудани объекти об барои эҳтиёҷоти нӯшиданӣ, маишӣ ва дигар эҳтиёҷоти аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон ҳуқуқ доранд обро бо тартиби умумӣ ё истифодаи махсус бевосита аз манбаъҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ гиранд.

2.Истифодаи объектҳои обгирие, ки барои ин мақсадҳо пешбинӣ шудаанд, мувофиқи қоидаҳои муқарраркардаи мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, ки ин объектҳо дар ҳудуди онҳо воқеъ гардидаанд, анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 56. Истифодаи оби зеризаминии дорои сифати нӯшиданӣ барои эҳтиёҷоте, ки бо таъмини оби нӯшиданию маишӣ вобаста нестанд

Истифодаи оби зеризаминии дорои сифати нӯшиданӣ барои этиёҷоте, ки бо таъмини оби нӯшиданию маишӣ вобаста нестанд, манъ аст. Дар минтақаҳое, ки манбаъҳои зарурии рӯизаминии об мавҷуд набуда, захираҳои оби зеризаминии дорои сифати нӯшиданӣ кофӣ мебошанд, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об метавонад истифодаи ин обро барои мақсадҳои ба таъминоти нӯшиданию маишӣ иртиботнадошта, иҷозат диҳад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 57. Ҳуқуқи моликият ба системаҳои обрасонии оби нӯшокӣ

1.Системаҳои мутамарказ ва ғайримутамаркази таъмини обрасонии оби нӯшокӣ метавонанд моликияти ҷумҳуриявӣ, коммуналӣ ва ё шахсони ҳуқуқӣ бошанд.

2.Системаи тақсимоти манзилии оби нӯшокӣ, системаи алоҳидаи таъминоти оби нӯшокӣ, системаҳои таъминоти оби нӯшокӣ дар воситаҳои нақлиёт моликияти соҳибони фонди манзилӣ, воситаҳои нақлиёт мебошанд.

3.Системаҳои мутамарказ ва ғайримутамарказ хусусӣ гардонида намешаванд.

4.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар моликияти худ шабақаҳои таъминоти об дошта бошанд, ки мутобиқи талаботи меъёрҳои амалкунанда ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона сохта шудаанд.

 

Моддаи 58. Манбаъҳои маблағгузорӣ дар соҳаҳои таъминоти оби нӯшокӣ

1.Манбаъҳои маблағгузорӣ дар соҳаҳои таъминоти оби нӯшокӣ инҳо мебошанд:

-маблағҳои аз ҳисоби пардохти истифобарандагони системаҳои мутамарказ ва истифодабарандагони оби нӯшокӣ;

-маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ;

-маблағҳои буҷетҳои маҳаллӣ;

-маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла сармоягузориҳо барои рушди системаҳои таъминоти оби нўшокӣ воридшаванда;

-дигар манбаъҳое, ки аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудааст.

 

Моддаи 59. Сертификатсия дар соҳаи таъминоти оби нӯшокӣ

1.Оби нӯшокие, ки барои фурӯш дар зарфҳо, воситаҳои инфиродӣ, маишӣ ва дастаҷамъии пок намудан ва безарар гардонидани об, инчунин мавод, реагентҳо, протсесҳои технологӣ ва воситаҳои дигар, ки ба истеъмолкунандагон пешниҳод мешаванд, бояд ҳатман сертификатсия шаванд.

2.Сертификатсияи оби нӯшокӣ, ки ба тариқи системаи марказонидашудаи обрасонӣ дода мешавад, мувофиқи қонунҳои мавҷуда амалӣ мегардад.

 

Моддаи 60. Кафолати таъмини оби нӯшокӣ ҳангоми вайрон шудани фаъолияти системаи марказонидашуда ва ғайримарказонидашудаи обрасонии оби нӯшокӣ

1.Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, моликони системаҳо, ташкилотҳои обрасонии оби нӯшокӣ мутобиқи салоҳияташон ҳангоми вайрон шудани фаъолияти системаи марказонидашуда ва ғайримарказонидашудаи обрасонии оби нӯшокӣ, ки боиси халалдор гардидани таъмини оби нӯшокӣ ба истифодабарандагон ё боиси номувофиқ шудани сифати обе, ки  мутобиқи талаботи меъёрӣ муқаррар гардидааст, бояд барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани истифодабарандагон чора бинанд, бо ин мақсад манбаъҳои эҳтиётӣ ва системаи обрасонии оби нӯшокӣ, воситаҳои техникии маишӣ ва дастаҷамъии тоза ва безараргардонии об, таъмини оби нӯшокӣ дар зарфҳо ё расонидани онҳоро дар зарфҳо (систернаҳо) барои истифодаи умум таъмин намоянд.

2.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси ихтиёрӣ оид ба таъминоти якҷояи об ташкилотҳои ғайридавлатӣ таъсис додва метавонанд.

3.Ташкилотҳои ғайридавлатии таъминоти якҷояи об ҷиҳати баланд бардоштани эътимоднокии бо об таъмин намудани як маҳалла ё гурўҳи маҳалҳои аҳолинишин бо иштироки тамоми аҳолӣ ва ё як қисми аҳолӣ бо мақсади сохтмони шабакаи нав, барқарорсозии шабакаҳои мавҷуда, бо обтаъминкунӣ, дар ҳолати  корӣ нигоҳ доштан, маблағгузорӣ ва баҳрабардорӣ аз шабакаҳои истифодаи умум ташкил карда мешаванд.

4.Давлат ташкилотҳои ғайридавлатии таъминоти якҷояи обро дастгирӣ намуда, ҷиҳати ташаккули онҳо мусоидат менамояд.

 

БОБИ 10. ИСТИФОДАИ  ОБЪЕКТҲОИ  ОБ  БАРОИ  МАҚСАДҲОИ  МУОЛИҶАВӢ,  КУРОРТИЮ СОЛИМГАРДОНӢ

 

Моддаи 61. Дар навбати аввал барои мақсадҳои муолиҷавию курортӣ истифода намудани объектҳои обе, ки ба категорияи табобатӣ (маъданӣ) мансуб дониста шудаанд

1.Объектҳои обе, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба категорияи оби муолиҷавӣ (маъданӣ) мансуб дониста шудаанд, пеш аз ҳама барои мақсадҳои муолиҷавӣ ва курортӣ истифода мешаванд.

2.Дар ҳолатҳои истисно мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об бо мувофиқати мақомоти дахлдори тиббӣ метавонанд истифодаи объектҳои оби ба категорияи оби муолиҷавӣ (маъданӣ) мансуб донисташударо барои дигар мақсадҳо иҷозат диҳанд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 62. Манъ кардани партофтани обҳои  партов ба объектҳои обе, ки ба категорияи обҳои муолиҷавӣ мансуб дониста шудаанд

Партофтани обҳои партов ба объектҳои обе, ки ба категорияи оби муолиҷавӣ мансуб дониста шудаанд, манъ аст.

 

Моддаи 63. Тартиби истифодаи объектҳои об барои истироҳату варзиш

Тартиби истифодаи объектҳои об барои истироҳату варзиш аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 64. Истифодаи объектҳои об барои шино кардани киштиҳои хурдҳаҷм

1.Истифодаи объектҳои об барои шино кардани киштиҳои хурдҳаҷм (заврақҳои белу мотордор, катерҳо, яхтаҳои бодбондор ва ғайра) бо риояи қоидаҳои истифодаи киштиҳои хурдҳаҷм, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, иҷозат дода мешавад.

2.Киштиҳои хурдҳаҷм бояд тибқи тартиби муқарраргардида бо сабти аломатҳо дар девораҳояшон аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ба қайд гирифта шаванд.

 

Моддаи 65. Истифодаи объектҳои об барои моҳидорӣ бо мақсади варзиш ва ҳаваскорӣ

1.Тамоми объектҳои об, ба истиснои объектҳои обе, ки дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳо, ҳавзҳои моҳипарварӣ, ҳавзҳо ва дигар хоҷагиҳои парвариши моҳӣ воқеъ гардидаанд, имкон дорад дар сурати риояи қоидаҳои муқарраргардида, барои моҳидорӣ бо мақсади варзиш ва ҳаваскорӣ истифода бурда шаванд.

2.Барои мақсадҳои мазкур мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об метавонад объекти об ё қитъаҳои алоҳидаи онҳоро ҷудо намояд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

3.Дар обанборҳое, ки ба ҷамъиятҳои варзишӣ барои ташкили хоҷагиҳои моҳипарварӣ дода шудаанд, моҳидорӣ бо мақсади варзиш ва ҳаваскорӣ дар асоси иҷозати  ин ҷамъиятҳо додашаванда, амалӣ мегардад.

 

БОБИ 11. ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ ЭҲТИЁҶОТИ  СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

 

Моддаи 66. Истифодаи об дар соҳаи кишоварзӣ

Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзӣ ҳам бо тартиби истифодаи умумӣ ва ҳам бо тартиби истифодаи махсус амалӣ гардонда мешавад. Ҳангоми истифодаи махсуси об системаҳои объёрию оббарорӣ, обмонӣ, хушккунӣ, заҳбурканӣ ва системаҳои обтаъминкунии соҳаи кишоварзӣ, инчунин объекту дастгоҳҳои алоҳидаи хоҷагии об, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мансуб мебошанд, ба кор бурда мешаванд.

 

Моддаи 67. Мақсадҳои истифодаи об дар соҳаи кишоварзӣ дар шароити заминҳои обӣ

Истифодаи об дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати фароҳам овардани низоми мусоиди намӣ дар заминҳои обӣ бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин барои таъмини дигар эҳтиёҷоти истеҳсолоти кишоварзӣ амалӣ гардонида мешавад.

 

Моддаи 68. Амалӣ кардани истифодаи об дар соҳаи кишоварзӣ

1.Истифодаи об дар системаҳои объёрӣ, оббарорӣ ва объёрию оббарорӣ, аз системаҳои дарёҳо, каналҳои магистралӣ, ҳавзаҳои зеризаминӣ ва дигар объектҳои хоҷагии об дар асоси шартномаҳо, нақшаҳои дохилихоҷагӣ (дохили ассотсиатсияҳо) ва умумисистемавии (ҷадвалҳои) истифодаи об амалӣ карда мешавад.

2.Дар шартномаҳои истифодаи об идораҳои системаҳои объёрӣ, оббарорӣ, объёрию оббарорӣ ва системаҳои обтаъминкунии соҳаи кишоварзӣ шартҳои истифодаи об, инчунин ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҳамдигарро дақиқ муайян мекунанд.

 

Моддаи 69. Тасдиқи нақшаҳои истифодаи об

Нақшаҳои истифодаи об дар сатҳҳои гуногун аз ҷониби инҳо тасдиқ карда мешаванд:

-нақшаҳои дохилихоҷагии истифодаи об бо мувофиқати ташкилоти обрасон аз ҷониби мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, ки тибқи тартиби маъмурӣ ҳудуди дахлдор тобеи он аст;

-вобаста ба системаҳои дорои аҳамияти ноҳиявӣ (ҳавзавӣ) аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, ки тибқи тартиби маъмурӣ ҳудуди дахлдор тобеи он аст;

-вобаста ба системаҳои дорои аҳамияти байниноҳиявӣ, вилоятӣ (ҳавзавӣ), ҷумҳуриявӣ мутобиқан аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлати оид ба танзими истифода ва хифзи захираҳои об ва ташкилотҳои дар маҳал будаи онхо бо мувофиқати мақомоти кишоварзӣ. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 70. Тағйир додани миқдори об ва мӯҳлатҳои обдиҳӣ

1.Обдиҳии иловагӣ барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ вобаста ба дархости истифодабарандаи об мутобиқи шартҳои дар шартнома зикргардида, анҷом дода мешавад.

2 Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об ҳуқуқ дорад:

  -ҳангоми кам шудани сатҳи оби манбаи объёрӣ (бо риояи усули таъминоти баробари об) ба истифодабарандагон додани обро маҳдуд намояд, дар давраи камобӣ дар манбаъҳои алоҳидаи обдиҳии системаи объёрӣ гардиши обро ҷорӣ намояд;

-дар ҳолатҳои истифодаи бесамари об, худсарона гирифтани об аз ҷониби истифодабарандагони алоҳида обдиҳиро мувофиқи моддаи 49 Кодекси мазкур қатъ кунад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима бандад;

-вобаста ба тағйир ёфтани низоми оби манбаи объёрӣ, шароити обу ҳаво, дигар сабабҳое, ки зарурати тағйир додани мӯҳлатҳои обдиҳии дар шартномаҳо пешбинигардидаро ба миён меоранд, ҷадвали обдиҳиро барои истифодабарандагони об тағйир диҳад. Тағйирот дар шартҳои истифодаи об метавонад танҳо дар асоси қоидаҳое, ки дар шартномаҳои обрасонӣ зикр шудаанд, ворид карда шавад.

 

Моддаи 71. Ӯҳдадориҳои обистифодабарандагоне, ки объектҳои обро барои эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзӣ истифода мебаранд

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки аз объектҳои об барои эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзӣ истифода мебаранд, вазифадоранд ӯҳдадориҳои муқарраргардидаи шартномавӣ ва низоми истифодаи обро риоя намоянд, тамоми намудҳои талафоти обро кам кунанд, баҳисобгирии дахлдор ва назорати миқдори оби истифодашавандаро таъмин карда, иншоот ва дастгоҳҳои обченкуниро дар ҳудуди худашон ҳифз намоянд.

 

Моддаи 72. Объёрӣ тавассути обҳои партов

Объёрии заминҳо ба воситаи обҳои партов аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об бо мувофиқати мақомоти назорати давлатии санитарӣ, ветеринарӣ ва экологӣ иҷозат дода мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 73. Истифодаи об барои объёрии заминҳое, ки ҷангалҳо, қитъаҳои ҷангалҳо ва боғҳои ниҳолпарварӣ ҷойгир шудаанд

Муқаррароти моддаҳои 68, 74 Кодекси мазкур ҳамчунин барои объёрии заминҳое, ки ҷангалҳо, қитъаҳои ҷангалҳо ва боғҳои ниҳолпарварӣ ҷойгир гардидаанд, татбиқ карда мешавад.

 

Моддаи 74. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти ассосиатсияҳои истифодабарандагони об ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ метавонанд дар асоси иҷозати истифодаи махсуси об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об дода шуда ва шартнома бо ташкилоти обрасони маҳаллии хоҷагии об аз объектҳои об барои объёрӣ истифода баранд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 75. Бо об таъмин намудани хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ ва дигар хоҷагиҳо

Бо об таъмин намудани хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва дигар хоҷагиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият, мувофиқи шартномаи байни ташкилоти обрасони хоҷагии об ва ассотсиатсия ё дигар иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки хоҷагиҳои номбурда дар ҳудуди он ҷойгиранд, анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 76. Манъ будани танзими об аз объектҳои оби таъминоти байнихоҷагӣ аз тарафи истифодабарандагони об

1.Ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - истифодабарандагони об худсарона танзим намудани объектҳои гидротехникӣ дар каналҳо ва обанборҳои таъиноти байнихоҷагӣ бо мақсади зиёд ё кам кардани хароҷоти об, инчунин дар онҳо васл намудани сарбандҳои муваққатӣ, дастгоҳҳои обкашӣ ва дигар объекту воситаҳо манъ аст.

2.Партофтани об аз ҳавзҳо, каналҳо ва дигар иншоотҳои объёрикунанда дар ҳолатҳои даркорӣ танҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об иҷозат дода мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 77. Манъ будани рафтуомади тракторҳо, воситаҳои нақлиёт, обдиҳӣ ва рондани чорво аз болои каналҳо ва дигар объектҳои гиротехникӣ

1.Рондани чорво, рафтуомади тракторҳо, мошинҳои кишоварзӣ, автомобилҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт аз болои каналҳо ва дигар объектҳо дар ҷойҳое, ки барои ин мақсадҳо пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.

2.Обдиҳии чорво аз каналу обанборҳо танҳо дар сурати мавҷуд будани майдончаҳо ё ҷойҳои махуси барои ин мақсад ҷиҳозонидашуда, иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 78. Иштироки истифодабарандагони об дар корҳои ирригатсионию мелиоративӣ

Барои нигоҳ доштан ва беҳтар кардани системаҳои объёрӣ, оббарорӣ ва объёрию оббарорӣ истифодабарандагоне, ки аз ин системаҳо об мегиранд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои корҳои ирригатсионию мелиоративӣ ҷалб кардан мумкин аст.

 

Моддаи 79. Бо об таъмин намудани соҳаи кишоварзӣ

1.Бо об таъмин намудани соҳаи кишоварзӣ ба обтаъминкунии мутамарказ ва ғайримутамарказ тақсим карда мешавад. Ҳангоми обтаъминкунии мутамаркази соҳаи кишоварзӣ қоидаҳои моддаи 54 Кодекси мазкур татбиқ карда мешаванд.

2.Бо об таъминкунии ғайримутамаркази ташкилотҳои алоҳидаи кишоварзӣ, обёрӣ намудани чарогоҳҳо бо иҷозати мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо бо мувофиқати мақомоти назорати давлатии санитарию ветеринарӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

3.Шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият, ки системаҳои обтаъминкуниро барои обёрии чарогоҳҳо ва дигар мақсадҳои кишоварзӣ истифода мебаранд, вазифадоранд ба ҷоришавии бесамари об, шӯру ботлоқшавии заминҳо роҳ надиҳанд.

 

БОБИ 12. ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ МАҚСАДҲОИ САНОАТӢ ВА ЭҲТИЁҶОТИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ

 

Моддаи 80. Ӯҳдадориҳои обистифодабарандагоне, ки объектҳои обро барои мақсадҳои саноатӣ истифода мебаранд

Об истифодабарандагоне, ки объектҳои обро барои мақсадҳои саноатӣ истифода мебаранд ӯҳдадоранд меъёрҳои технологӣ ва қоидаҳои истифодаи обро риоя намуда, инчунин барои кам кардани хароҷоти об ва қатъ кардани партофтани обҳои партов бо роҳи такмили технологияи истеҳсолот ва схемаи обтаъминкунӣ (истифодаи равандҳои технологии беоб, таъминоти об бо усули гардиш ва дигар усулҳои технологӣ) тадбирҳо андешанд.

 

Моддаи 81. Маҳдудияти истифодаи оби нӯшиданӣ барои мақсадҳои саноатӣ

Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дар ҳолатҳои офати табиӣ, садамаҳо, камобӣ ва дигар ҳолатҳои махсус ҳуқуқ доранд, истеъмоли оби нӯшиданиро барои мақсадҳои саноатӣ аз шабакаҳои коммуналӣ кам ё манъ ва аз хатҳои оби хоҷагию нӯшидании идоравӣ ба манфиати дар навбати аввал қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба оби нӯшиданӣ ва маишӣ муваққатан маҳдуд намоянд.

 

Моддаи 82. Истифодаи оби зеризаминӣ барои обтаъминкунии технологӣ ва дигар эҳтиёҷоти истеҳсолӣ

Оби зеризаминӣ (оби ширин, маъданӣ ва гарм), ки ба категорияи оби нӯшиданӣ ё муолиҷавӣ мансуб дониста нашудаанд, метавонанд тибқи тартиби аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида барои обтаъминкунии технологӣ, аз онҳо ҷудо карда гирифтани унсурҳои кимиёвии дар таркибашон мавҷуда, ба даст овардани нерӯи гармӣ ва дигар эҳтиёҷоти истеҳсолӣ, бо риояи талаботи истифодаи сарфакорона ва ҳифзи об, истифода бурда шаванд.

 

Моддаи 83. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти гидроэнергетикӣ

1.Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти гидроэнергетикӣ бо дарназардошти манфиатҳои соҳаҳои дигари хоҷагии халқ амалӣ карда мешавад, агар ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об дар ин маврид тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд. Пур кардану истифода намудани обанборҳо ҳар сол танҳо бо мувофиқати мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об анҷом дода мешавад.

2.Бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд имкониятҳои инженерии каналҳо ва дигар объектҳои мавҷудаи гидротехникии таъиноти гуногунро барои истеҳсоли неруи барқ, агар ин амал ба кори асосии ин объект зарари воқеӣ нарасонад, истифода намоянд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 84. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муассисаҳои гидроэнергетикӣ оиди истифодабарии об

1.Муассисаҳои гидроэнергетикӣ ҳуқуқ доранд:

-обро барои истеҳсоли қувваи барқ дар асоси лоиҳаҳои тасдиқшуда истифода баранд;

-чорабиниҳоро оиди беҳтар истифодабарии обанборҳо, ба мақсадҳои энергетикӣ ба амал бароранд, агар талаботи истифодабарии маҷмӯъи ва ҳифзи обро вайрон намекарда бошад;

-аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ риояи қоидаҳои истифодаи мӯътадили обанборҳоро барои эҳтиёҷоти гидроэнергетикӣ талаб намоянд.

2.Муассисаҳои гидроэнергетикӣ ӯҳдадоранд:

-низоми муқараршудаи пур кардан ва обпартоӣ аз обанбор, каму зиёд шудани сатҳи боло ва поёни обро риоя намоянд;

-бе мамониат гузаштан ва бехатарии киштиҳо, қаиқҳо, ба амал баровардани обпартоиҳои санитарӣ ва ҳифзи табиатро дар асоси  лоиҳаҳо таъмин кунанд;

-иншоотҳои ҳифзи моҳӣ, ҷои гузариши моҳиҳо ба ҷойҳои тухмгузорӣ ва ҳифзи дигар ҳайвоноту набототи обиро дар ҳолати мусоид нигоҳ доранд;

-устувории иншоотҳо ва истифодаи бесадамаи техникиро ҳангоми ҳодисаҳои сел, обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ таъмин намоянд.

 

БОБИ 13. ИСТИФОДАИ  ОБЪЕКТҲОИ  ОБ  БАРОИ  ЭҲТИЁҶОТИ  НАҚЛИЁТИ  ОБИЮ ҲАВОӢ

 

Моддаи 85. Роҳҳои обии истифодаи умумӣ

Илова ба талаботи моддаи 4 Кодекси мазкур дарёҳо, кӯлу обанборҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои обии истифодаи умумӣ мебошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки истифодаи онҳо бо ин мақсадҳо пурра ё қисман манъ гардидааст ё онҳо барои истифодаи ҷудогона дода шудаанд.

 

Моддаи 86. Тартиби ба категорияи киштигард мансуб доданистани роҳҳои обӣ ва муқаррар намудани қоидаҳои истифодабарии онҳо

Тартиби ба категорияи киштигард мансуб донистани роҳҳои обӣ ва қоидаҳои истифодабарии онҳо аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 87. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти нақлиёти ҳавоӣ

Тартиби истифодаи объектҳои об барои истгоҳ, парвоз ва фурудоӣ, инчунин барои дигар эҳтиёҷоти нақлиёти ҳавоӣ аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

БОБИ 14. ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ ЭҲТИЁҶОТИ  ХОҶАГИИ МОҲИПАРВАРӢ

 

Моддаи 88. Маҳдуд намудани истифодаи оби обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба манфиати хоҷагиҳои моҳипарварӣ

1.Дар обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ ё қитъаҳои алоҳида, ки барои нигоҳдорӣ, такрористеҳсол ва шикори намудҳои нодири моҳиҳо аҳамияти махсус доранд, ҳуқуқи истифодабарандагони об  имкон дорад, ба манфиати хочагиии моҳипарварӣ маҳдуд карда шавад.

2.Номгӯи чунин обанборҳо ё қитъаҳои онҳо ва намудҳои маҳдудияти истифодаи об аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 89. Тадбирҳои муҳофизат ва такрористеҳсоли захираҳои моҳӣ

1.Ҳангоми истифодаи объектҳои гидротехникӣ ва дигар объектҳо дар обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ барои такрористеҳсоли онҳо истифодабарандагони об бояд шароит муҳайё созанд ва тадбирҳои таъминкунандаи ҳифзи захираҳои моҳиро амалӣ гардонанд.

2.Дар ҷойҳои тухмгузорӣ ва чуқуриҳои зимистонгузаронӣ дар обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ  гузаронидани корҳои заминканӣ ва хокпартоӣ, дигар корҳои ба ҳолати захираҳои моҳӣ ва шароитҳои такрористеҳсоли онҳо таъсири манфӣ расонанда, манъ аст. Гирифтани об аз обанборҳои моҳигирӣ барои мақсадҳои саноатӣ, объёрӣ ва дигар эҳтиёҷот танҳо дар ҷойҳое, ки бо мақомоти ҳифзи моҳӣ мувофиқат шудааст, анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 90. Ӯҳдадориҳои ташкилотҳое, ки обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарвариро истифода мебаранд

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ барои ба роҳ мондани моҳипарварӣ ба истифодаи онҳо дода шудаанд, вазифадоранд барои такрористеҳсоли захираҳои моҳӣ шароит фароҳам оварда, корҳои зарурии мелиоративиро анҷом диҳанд, инчунин заминистифодабарандагон қитъаҳои соҳилро дар ҳолати мусоиди санитарӣ нигоҳ доранд.

 

Моддаи 91. Тартиби истифодаи объектҳои об барои  эҳтиёҷоти хоҷагии моҳипарварӣ

Тартиби  истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти хоҷагии моҳипарварӣ аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

БОБИ 15. ИСТИФОДАИ  ОБЪЕКТҲОИ  ОБ  БАРОИ  ЭҲТИЁҶОТИ  ХОҶАГИИ  ШИКОР

 

Моддаи 92. Ҳуқуқҳои афзалиятноки ташкилотҳои хоҷагии шикор оид ба истифодаи об

Дар дарёҳо, кӯлу дигар объектҳое, ки маҳалҳои зисти паррандаҳои ёбоии дар об шинокунанда ва ҳайвоноти қиматноки мӯинадор мебошанд, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об метавонанд ба ташкилотҳои хоҷагии шикор бо дарназардошти талаботи истифодаи маҷмӯӣ ва ҳифзи об ҳуқуқҳои афзалиятнок фароҳам оранд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 93. Тартиби истифодаи объектҳои об барои эҳтиёчоти хоҷагии шикор

1.Тартиби истифодаи объектҳои обро барои эҳтиёҷоти хоҷагии шикор (парвариши паррандаҳои обӣ, ҳайвоноти мӯинадор, парвариши растаниҳои обӣ ва гузаронидани дигар чорабиниҳои зарурӣ барои пешбурди хоҷагии шикор) мақомоти ҷумҳуриявии хоҷагии ҷангал таҳия намуда, бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об, мақомоти назорати давлатии санитарӣ ва дигар мақомоти манфиатдор мувофиқат мекунад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

2.Тартиби истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти хоҷагии шикор аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

БОБИ 16. ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ  ЭҲТИЁҶОТИ МАМНУЪГОҲҲО

 

Моддаи 94. Объектҳои обии мамнӯъгоҳҳо

Объектҳои обе, ки дорои арзиши махсуси илмию фарҳангӣ мебошанд, тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ аз тарафи  ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъгоҳ эълон гардида, бо мақсади ҳифзи табиат ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ ба мамнӯъгоҳҳо барои истифодаи бемӯҳлату алоҳида дода мешаванд.

 

Моддаи 95. Ҳамчун ёдгориҳои табиат ё фарҳанг эътироф намудани объектҳои об

Объектҳои обе, ки дорои арзиши илмию фарҳангӣ мебошанду мамнӯъгоҳ эълон гардидаанд, бо тартиби муқарраркардаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ёдгориҳои табиат ё фарҳанг дониста мешаванд. Қарор дар бораи ёдгориҳои табиат ё фарҳанг донистани объектҳои об ва муқаррар намудани шартҳои махсуси истифодаи онҳо ба маълумоти аҳолӣ ва ташкилотҳои манфиатдор расонида мешавад.

 

Моддаи 96. Тартиби истифодаи объектҳои оби мамнӯъгоҳҳо ва тадбирҳои ҳифзи онҳо

1.Тартиби истифодаи оби мамнӯъгоҳҳо тибқи низомномаҳои мамнӯъгоҳҳо муайян карда мешавад. Дар мамнӯъгоҳҳо амале, ки ҳолати табиии объекти обро вайрон мекунад, манъ аст. Ба объектҳои обии мамнӯъгоҳҳо шаҳрвандон танҳо бо иҷозати маъмурияти онҳо роҳ дода мешаванд. Партофтани оби партов ба ҳавзҳои оби объектҳои бо об таъминкунандаи мамнӯъгоҳҳо, инчунин корҳои гидромелиоративие, ки метавонанд ҳолати табиии ин объектҳоро тағйир диҳанд, бо риояи қоидаҳои дар Кодекси мазкур пешбинишуда ва бо мувофиқати мамъмурияти мамнӯъгоҳҳои дахлдор гузаронида мешаванд.

2.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба минтақаҳои муҳофизатии атрофи мамнӯъгоҳҳо объекти обро бо қатъ ё маҳдуд кардани намудҳои истифодаи об дар ин объект, ки боиси вайрон шудани ҳолати аслии табиати мамнӯъгоҳҳо мегарданд, дохил намояд.

 

Моддаи 97. Кашида гирифтани объектҳои об аз истифодаи мамнӯъгоҳҳо

Кашида гирифтани объектҳои об аз истифодаи мамнӯъгоҳҳо танҳо дар ҳолати зарурати махсус дар асоси Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

 

БОБИ 17. ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ  ПАРТОФТАНИ ОБҲОИ ПАРТОВ

 

Моддаи 98. Додани иҷозат ҷиҳати истифодаи объектҳои об барои партофтани обҳои партов

Истифодаи объектҳои об барои партофтани обҳои партови саноатӣ, коммуналию маишӣ, дренажӣ, боронҳои сел ва дигар обҳои партов танҳо бо иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об бо мувофиқати мақомоти назорати давлатии санитарӣ, ҳифзи захираҳои моҳӣ ва дигар мақомоти манфиатдор анҷом дода мешавад. Иҷозат дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки зарурат ва имконияти истифодаи объектҳои обро барои обҳои партов асоснок мекунанд, дода мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 99. Манъ будани партофтани обҳои партов ба объектҳои обии ба категорияҳои эҳтиёҷоти нӯшиданӣ мансубт дониста шуда

Партофтани обҳои партов ба объектҳои обии ба категорияҳои оби нӯшиданӣ мансуб донисташуда, манъ аст.

 

Моддаи 100. Шартҳои имконпазири партофтани оби партов ба объектҳои об

1.Партофтани оби партов танҳо дар ҳолатҳое иҷозат дода мешавад, ки агар ин амал боиси дар таркиби объекти об аз меъёрҳои муқарраргардида, зиёд шудани маводи ифлоскунанда нагардад ва  ва истифодабаранда оби партовро то ҳадде, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об муқаррар намудааст, тоза кунад.

2.Дар сурати вайрон кардани талаботи мазкур партофтани оби партов бояд аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об манъ ва ҳатто фаъолияти ташкилотҳои саноатӣ, сехҳо, дастгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳои алоҳида қатъ гардонида шавад.

3.Дар ҳолатҳои мавҷуд будани хавфи таҳдид ба саломатии аҳолӣ мақомоте, ки назорати давлатии санитариро амалӣ мегардонанд, ҳуқуқ доранд партофтани оби партовро то қатъ гардонидани истифодаи  объекти истеҳсолӣ ва дигар объектҳо манъ карда, дар ин хусус ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об хабар диҳанд. Тамоми тадбирҳое, ки тоза ва безараркунии оби  партови корхонаҳои аз нав сохташаванда ва таъмиршавандаи саноатӣ, коммуналию кишоварзиро дар объектҳои об таъмин менамоянд, бояд то ба истифода додани иқтидорҳои истеҳсолии ин корхонаҳо анҷом дода шаванд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 101. Тартиб ва шартҳои истифодаи объектҳои об барои партофтани оби партов

Тартиб ва шартҳои истифодаи объектҳои об барои партофтани оби партов аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

БОБИ 18. ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ ЭҲТИЁҶОТИ ЗИДДИ СӮХТОР, БАРТАРАФ НАМУДАНИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА ДИГАР ҲОЛАТҲОИ БА ОН МОНАНД

 

Моддаи 102. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти зидди сӯхтор

Гирифтани об барои эҳтиёҷоти зидди сӯхтор аз ҳама гуна объекти об иҷозат дода мешавад. Истифодабарандагони об вазифадоранд оби дар ихтиёрашон бударо барои сӯхторхомӯшкунӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда бепул ва бемамониат диҳанд.

 

Моддаи 103. Тартиби истифодаи объекти об барои эҳтиёҷоти зидди сӯхтор, бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда ва дигар зарурати давлатию ҷамъиятӣ

Тартиби истифодаи объекти об барои эҳтиёҷоти зидди сӯхтор ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда, инчунин дигар зарурати давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

БОБИ 19. ИСТИФОДАИ ОБАНБОРҲО

 

Моддаи 104. Низоми пуркунӣ ва обпартоӣ аз обанборҳо

Шахсони воқеӣ ва ҳуқукии истифодабарандагони хатҳои қубури об, объектҳои обгузаронӣ ё обгирӣ вазифадоранд низоми пуркунӣ ва обпартоиро аз обанборҳо, ки бо дарназардошти манфиатҳои обистифодабарандагони дар минтақаҳои таҳти таъсири обанборҳо қарордошта муқаррар шудааст, риоя намоянд.

 

Моддаи 105. Тартиби истифодабарии обанборҳо

Тартиби истифодаи обанборҳо бо қоидаҳое, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об барои ҳар як обанбор, силсила ё системаи обанборҳо бо мувофиқати мақомоти назорати давлатии санитарӣ ва дигар мақомоти манфиатдор тасдиқ шудаанд, муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 106. Ташкил ва ҳамоҳангсозии тадбирҳое, ки ҳолати зарурии техникӣ ва ободонии обанборҳоро таъмин мекунанд

Ташкил ва ҳамоҳангсозии тадбирҳое, ки ҳолати зарурии техникӣ ва ободонии обанборҳоро таъмин мекунанд, инчунин назорат аз болои риояи қоидаҳои истифодабарии онҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об тибқи тартиби муқарраркардаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 107. Кӯлҳо ва дигар ҳавзҳо, ки ба сифати обанборҳо истифода мешаванд

Муқаррароти моддаҳои 104-106 Кодекси мазкур ҳамчунин барои истифодаи кӯлу дигар ҳавзҳо, ки ба сифати обанборҳо истифода мешаванд, татбиқ мегардад.

 

БОБИ  20. ҲАЛЛИ БАҲСҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ОБ

 

Моддаи 108. Мақомоте, ки баҳсҳоро дар хусуси истифодаи об ҳал мекунанд

Баҳсҳо вобаста ба истифодаи об аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об,  инчунин суд бо тартиби муқарранамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 109. Ҳалли баҳсҳо оиди истифодаи об байни истифодабарандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодабарандагони давлатҳои дигар

   Баҳсҳо оиди истифодаи об байни истифодабарандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодабарандагони давлатҳои дигар аз  ҷониби ҳукуматҳои давлатҳо ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи  110. Ҳалли баҳсҳо оиди ҳуқуқи  истифодаи  махсуси об

Баҳсҳо  оиди ҳуқуқи истифодаи махсуси об аз ҷониби мақомоте, ки  иҷозати истифодаи объекти обро додааст, ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 111. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ҳалли баҳсҳои байни истифодабарандагони об

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳсҳоро, ба истиснои баҳсҳои дар моддаи 110, 116  Кодекси мазкур пешбинишуда, доир ба  истифодаи об байни  обистифодабарандагони воқеъ дар ҳудуди ноҳияҳои (шаҳрҳои) гуногуни ҷумҳурӣ, ноҳияҳои (шаҳрҳои) тобеи  ҷумҳурӣ аз як тараф, тобеи  вилоятӣ ва шаҳри Душанбе аз тарафи дигар ва байни  вилоятҳои, сарфи назар ва шакли моликият ва  тобеияташон, ҳал мекунад.

 

Моддаи 112. Салоҳияти мақомоти ҳокимияти иҷроияти вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар бобати ҳалли баҳсҳо оид ба  истифодаи об

Мақомоти  ҳокимияти иҷроияти вилоятҳо ва шаҳри Душанбе баҳсҳоро вобаста ба истифодаи об байни шахсони ҳуқуқии дар  ноҳияҳои  (шаҳрҳои) гуногуни вилоят ва шаҳри  Душанбе воқеъгардида, ба  истиснои ҳолатҳое, ки ҳалли онҳо  ба салоҳияти ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об мансуб  дониста  шудааст,  ҳал менамоянд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

  Моддаи 113. Салоҳияти мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳияҳо, шаҳрҳо дар бобати ҳалли баҳсҳо оид  ба истифодаи об

   Мақомоти  ҳокимияти иҷроияи ноҳияҳо  ва шаҳрҳо баҳсҳоро оид ба истифодаи об дар байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  вобаста  ба масъалаҳои истифодаи объектҳои оби воқеъ дар ҳудуди ноҳияи  (шаҳри) мазкур, ба истиснои  баҳсҳое, ки ҳалли онҳо ба салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об мансуб  дониста  шудаанд,  ҳал  менамоянд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 114. Салоҳияти мақомоти ҳудидоракунии шаҳрак ва деҳот дар бобати ҳалли баҳсҳо оид ба истифодаи об

Мақомоти ҳудидоракунии шаҳрак ва деҳот баҳсҳои байни шаҳрвандонро оид ба  масъалаҳои истифодаи объектҳои оби дар ҳудуди онҳо воқеъгардида, ба истиснои  баҳсҳое, ки ҳалли онҳо ба салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об, дигар мақомоти давлатии ба ин ваколатдор мансуб дониста шудааст, ҳал мекунанд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 115. Салоҳияти мақомоти  танзимкунандаи истифода ва ҳифзи об, дар бобати ҳалли баҳсҳо вобаста ба истифодаи об

Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об ҳал мекунад, ки  мувофиқи қонунгузорӣ ба салоҳияти он мансуб дониста шудааст. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

  Моддаи 116. Ҳалли баҳсҳо доир  ба истифодаи об дар байни истифодабарандагони аввала ва баъдина, инчунин  дар байни истифодабарандагони баъдинаи об

Баҳсҳо оид ба истифодаи об дар байни  истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об, инчунин байни истифодабарандагони баъдинаи об аз ҷониби мақомоте, ки иҷозати истифодаи махсуси  обро додааст, ҳал мегарданд.

 

Моддаи 117. Тартиби  баррасии баҳсҳо дар хусуси истифодаи об

1.Баҳсҳо дар хусуси истифодаи об дар аризаи  далелноки яке аз тарафҳо, ки  ба он ҳуҷҷатҳои лозимӣ, аз ҷумла  маводи  дар якҷоягӣ аз тарафи  мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об, идораи  системаи  обтаъминкунӣ, истифодабарандагони об таҳияшуда замима мегардад, баррасӣ карда  мешаванд.

2.Иҷрои қарорҳо дар мавриди баҳсҳои вобаста ба истифодаи об, агар дар қарор мақоми дигари иҷрокунанда зикр нагардида бошад, аз  ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об таъмин карда мешавад. Даъво аз болои қарор  дар мавриди баҳси вобаста ба истифодаи об иҷрои онро мавқуф  намегузорад. Мақоми дар хусуси баҳси   вобаста  ба истифодаи об қарор  қабулкарда ҳуқуқ дорад,  иҷрои қарорро то аз ҷониби мақоми болоӣ баррасӣ гардидани даъво мавқуф гузорад.  (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 118. Ҳалли баҳсҳои амволӣ  ва дигар баҳсҳо вобаста ба муносибатҳо оид ба  об

Баҳсҳои  амволӣ ва дигар баҳсҳое, ки ба муносибатҳои оид ба об вобаста мебошанд, инчунин аз ҷониби судҳо ҳал карда  мешаванд.

 

ФАСЛИ III. ҲИФЗИ ОБ ВА ПЕШГИРИИ ТАЪСИРИ ЗАРАРОВАРИ ОНҲО

 

БОБИ 21. ҲИФЗИ ОБ

 

Моддаи 119. Вазифаи  ҳифзи  об

Тамоми об ( объектҳои об) аз  ифлосу олудашавӣ ва камшавӣ, ки  метавонанд ба саломатии  аҳолӣ зарар расонда, дар натиҷаи  тағйир  ёфтани хусусиятҳои физикӣ, кимёвӣ ва биологӣ паст шудани қобилияти худтозашавии табиӣ боиси вайрон гардидани  низоми  гидрологӣ ва гидрогеологӣ, кам шудани захираҳои моҳӣ, бад шудани обтаъминкунӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб гарданд, бояд ҳифз карда  шаванд.

 

Моддаи 120. Гузаронидани тадбирҳое, ки ҳифзи об, инчунин беҳтаршавии ҳолат ва низоми обро таъмин мекунанд

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии фаъолияташон ба вазъи об  таъсиррасонанда вазифадоранд мустақилона ё бо мувофиқати  мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об, мақомоти ҳокимияти  иҷроия дар маҳалҳо, мақомоти назорати давлатии санитарӣ ва дигар  мақомоти давлатии манфиатдор ё тибқи  дастури мақомоти давлатии ба ин ваколатдор тадбирҳои  технологӣ, мелиоративии ҷангал, агротехникӣ, гидротехникӣ, санитарӣ ва дигар тадбирҳоеро андешанд, ки ҳифзи обро  аз ифлосу олудашавӣ ва камшавӣ таъмин намуда, ба беҳтар шудани ҳолат ва  низоми об мусоидат менамоянд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 121. Тадбирҳое, ки ҳифз, беҳтар гардидани  ҳолат ва низоми обро таъмин мекунанд

Тадбирҳое, ки ҳифзи обро аз ифлосу олудашавӣ ва камшавӣ, инчунин беҳтар гардидани ҳолату низоми обро таъмин  мекунанад, инҳо мебошанд:

   -технологӣ - тадбирҳое, ки ба сохтмони системаи гардиши оби таъминоти саноати об, объектҳои тоза ва безараргардонии оби партов, ташкили равандҳои технологии объекти истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзӣ равона шудаанду кори устувори  объектҳои тоза ва  безараркунандаи оби партов, ташкили равандҳои технологӣ, ки пайдошавии обҳои ифлосшудаи партовро истисно мекунанд, таъмин  менамоянд;

-мелиоративии ҷангал ва агротехникӣ - тадбирҳое мебошанд, ки мустаҳкам кардани соҳилҳои объектҳои об, муҳофизати онҳоро аз вайрон ва ботлоқшавӣ, инчунин  мӯътадил ва беҳтар гардидани низоми табии ҷоришавии объектҳои обро  таъмин мекунанд;

-гидротехникӣ - тадбирҳое, ки барои таъсиси система ва объекти  гидротехникии таъминкунандаи шароити мусоиди истифодаи об ва  мустаҳкамии  соҳилҳо, инчунин дар мавридҳои зарурӣ тозакунии маҷрои дарёҳо, каналҳо, қаъри ҷӯйборҳо, кӯлу обанборҳоро аз обовардҳою  таҳшинҳои зараровар равона карда шудаанд;

-санитарию техникӣ - тадбирҳое, ки безарар ва бесирояткунии оби  партови ба объектҳои об  партофташаванда, инчунин ҳифзи санитарӣ ва  ободонии ҳудуди наздисоҳилии таҳти фаъолияти хоҷагӣ қароргирифтаро таъмин менамоянд;

-дигар  тадбирҳои имконпазир, ки ҳифзи обро таъмин намуда, ба  беҳтар шудани ҳолату низоми он мусоидат мекунанд.

 

            Моддаи  122. Банақшагирии тадбирҳои ҳифзи об

1.Тадбирҳои ҳифзи об дар  дурнамои рушду иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси  нақшаи истифодаи  маҷмӯӣ ва ҳифзи  захираҳои оби ҳавзаи дарёҳо ва умуман ҷумҳурӣ, инчунин барномаҳои дарозмӯҳлати давлатию минтақавӣ ва нақшаҳои рушду ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда ва соҳаҳои хоҷагии халқ пешбинӣ карда  мешаванд.

2.Банақшагирии минтақавии ҳифзи  об аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дар асоси  нақшаҳои ҳавзавии  зикргардида  сурат мегирад.

3.Банақшагирии соҳавиии ҳифзи обро вазорату идораҳо, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият, дар асоси  нишондиҳандаҳои банақшагирии минтақавӣ  анҷом медиҳанд.

4.Маблағгузории тадбирҳои ҳифзи об аз ҳисоби давлат буда, ҳангоми ташаккули буҷети ҳарсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба инобат гирифта шавад, инчунин ин тадбирҳо аз ҳисоби маблағҳои  истифодабарандагони об низ ба амал бароварда мешаванд.

 

Моддаи 123. Манъи партофтани   партовҳо ба объектҳои об

Ба объектҳои об партофтани  партовҳои истеҳсолӣ, маошӣ ва  дигар намудаҳои партовҳо ва пасмондаҳо, ба истиснои ҳолатҳои дар  моддаҳои 98-101 Кодекси мазкур пешбинигардида, манъ аст.

 

Моддаи 124. Ҳифзи об, маҷрои дарёҳо, яхи болои обанборҳо, сатҳи ҳавзҳо, пиряхҳо ва  барфтӯдаҳо

   1.Ба шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ роҳ додан ба ифлосу олудашавии  сатҳи ҳавзҳо, маҷрои дарёҳо, яхи болои обанборҳо, болои пиряхҳо ва барфтӯдаҳо бо партовҳои истеҳсолӣ ва дигар пасмондаву партовҳо, инчунин бо маҳсулоти нафт ва кимёвӣ, ки  шустани онҳо боиси бад  шудани сифати оби руизаминӣ ва зеризаминӣ мегардад, манъ аст.

2.Ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият, инчунин шахсони воқеӣ, соҳибони  воситаҳои нақлиёти обӣ, хатҳои  қубурҳо, воситаҳои шинокунанда ва дигар объектҳо дар  манбаъҳои об, инчунин истифодабарандагрни замин вазифадоранд ифлосу олудашавии обро аз рехтани  равғанҳо, нафт, нуриҳо, заҳрҳо, моддаҳои заҳрдор ва дигар маҳсулоти кимиёвӣ, ё фаъолияти дигар пешгирӣ намоянд. Онҳое, ки ба ифлос  шудани оби руизаминию  зеризаминӣ бо нуриҳо ва дигар  заҳрҳои кимиёвӣ ва  маҳсулоти зараровар  роҳ  додаанд ва зарари назаррас ворид карда бошанд, тибқи тартиби муқараракардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 125. Ҳавзҳо, китъаҳо ва минтақаҳои  ҳифзи санитарии об

1.Бо мақсади ҳифзи об барои таъминоти нӯшиданию маишӣ, муолиҷавӣ курортӣ ва эҳтиёҷоти солимгардонии аҳолӣ истифодашаванда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавзҳо,  қитъаҳо ва минтақаҳои ҳифзи санитарӣ  муқарар карда  мешаванд.

2.Кашида гирифтани минтақаҳои санитарӣ барои ҳама гуна эҳтиёҷот манъ аст.

 

Моддаи 126.  Тадбирҳои ҳифзи об аз камшавӣ

Бо мақсади нигоҳ доштани низоми мусоиди оби дарёҳо, кӯлу  обанборҳо, оби зеризаминӣ ва дигар  объектҳои об, пешгирӣ намудани  вайроншавии заминҳо аз об, лойқашавии  махзанҳои  об, бад шудани  шароити муҳити зисти ҳайвоноти обӣ, ҷиҳати кам кардани ноустувории резиши об ва ғайра минтақаҳои ҳифзшавандаи оби  ҷангалҳо муқаррар карда мешаванд, ки дар он ҷойҳо шахсони воқеӣ ва  ҳуқуқии  манфиатдор, сарфи назар аз шакли моликият, вазифадоранд тибқи тартиби   пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  тадбирҳои зидди бодлесӣ, мелиоративии ҷангал, гидротехникӣ ва  дигар    тадбирҳоро  андешанд.

 

Моддаи 127. Зарурати ба назар гирифтани  манфиатҳои истифодабарандагони об ҳангоми ҷойгиркунӣ ва сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳое, ки  ба ҳолати об таъсир мерасонанд

Ҳангоми  мувофиқаткунонии масъалаҳои ҷойгиркунонии сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳои  ба ҳолати об  таъсиррасонанда, инчунин ҳангоми додани  иҷозатҳо барои  истифодаи махсуси об  мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об вазифадоранд нақшаҳои истифодаи маҷмӯъӣ ва ҳифзи об, тавозунҳои (балансҳои) хоҷагии обро, ки  манфиатҳои истифодабарандагони об ва талаботи ҳифзи муҳити зистро ба назар мегиранд, дастури амал қарор  диҳанд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 128. Тадбирҳои ҳифзи оби зеризаминӣ аз камшавӣ

Агар ҳангоми гузаронидани корҳои пармакунӣ ва кӯҳкании  вобаста ва ҷустуҷӯ, кашф ва истифодаи  конҳои газ, нафт ва дигар канданиҳои фоиданок қабатҳои зеризаминии дорои об ошкор гарданд, шахсонии воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд фавран дар ин бора ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об хабар дода, тибқи тартиби муқарраргардида доир ба  ҳифзи оби  зеризаминӣ аз ифлосшавӣ ва камшавӣ тадбирҳо андешанд, чоҳҳоеро, ки  обашон худ аз худ мебароянд, бо дастгоҳҳои  танзимкунанда ва воситаҳои   назорат муҷаҳҳаз намоянд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

БОБИ  22. ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ТАЪСИРИ ЗАРАРОВАРИ ОБ

 

Моддаи 129.  Ӯҳдадориҳои истифодабарандагони об доир   ба пешгирӣ ва рафъи таъсири зараровари об, оқибатҳои  исфлосшавии  объектҳои  об дар натиҷаи садамаҳо ва   офатҳои табиӣ

Шахсонӣ ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликияту тобеият, инчунин шахсони воқеӣ, ки аз объектҳои об ва иншооти хоҷагии об истифода мекунанд, вазифадоранд бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об, мақомоти  ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ва дигар идораҳои манфиатдор доир ба пешгирӣ ва рафъи таъсири зараровари об, ки дар  натиҷаи ҳодисаҳои садама ва офатҳои табиӣ, обхезӣ, зериобмонӣ ва ботлоқшавӣ, баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ, шӯршавӣ, вайрон гардидани соҳилҳо, сарбандҳои ҳимоявӣ ва дигар объектҳо,  ба миён омадани ҷариҳо, ярчҳо, селҳо ва дигар ҳодисаҳои зиёновар тадбирҳо анҷом диҳанд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 130. Иҷрои  тадбирҳои таъхирнопазири пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои  табиӣ, ки бо сабаби  таъсири зараровари об, окибатҳои ифлосшавии объектҳои об дар натиҷаи садама ва  офатҳои  табиӣ ба вуҷуд омадаанд

1.Иҷрои тадбирҳои таъхирнопазири пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои  офатҳои табиӣ, ки бо сабаби таъсири зараровари об, оқибатҳои  ифлосшавии объекти об вобаста ба садама ва офатҳои табиӣ ба вуҷуд омадаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои  байналхалқӣ танзим карда мешаванд.

2.Ҷиҳати  роҳбарии фаврии корҳо доир ба пешгирӣ ва рафъи  оқибатҳои  офатҳои табиӣ,  ки бо сабаби таъсири зараровари об ба  вуҷуд омадаанд, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти  ҳокимияти  иҷроия дар маҳалҳо комиссияҳое ташкил мекунанд, ки ба ҳайати онҳо намояндагони ташкилотҳои дахлдор, инчунин намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об ва ҳангоми зарурат намояндагони  давлатҳои ҳамсарҳад ворид мешаванд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

Моддаи 131. Банақшагирии тадбирҳои пешгирӣ ва рафъи таъсири зараровари об, оқибатҳои ифлосшавии объектҳои об  дар натиҷаи садама ва офатҳои табиӣ

1.Тадбирҳо  доир ба  пешгирӣ ва рафъи таъсири зарароварии об, оқибатҳои ифлосшавии объекти об дар натиҷаи садама ва офатҳои табиӣ дар дурнамои давлатии рушди хоҷагии халқ пешбинӣ карда  мешаванд.

2.Дар объектҳои об, аз ҷумла худуди ҳавзаҳо ё қисмҳои онҳо, ки дар он ҷо бар асари  фаъолияти хоҷагӣ, дигар фаъолият ё  садама ва  фалокат  тағйироти устувори  номусоиди ҳолати обӣ ба амнияту саломатии аҳолӣ, таназзули олами набототу ҳайвонот  таҳдидкунанда  ба миён омадааст, минтақаҳои фавқулоддии хатари экологӣ ё офати экологӣ эълон гардида, дар ҳолатҳои зарурӣ  давлатҳои  ҳамсарҳад аз ин хусус хабардор карда мешаванд. Низоми ҳуқуқии минтақаи фавқулоддаи  хатари экологӣ ё офати экологӣ аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ  ва бекор карда мешавад.

 

Моддаи 132. Муҳофизати махсуси иншоотҳои калони хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  аҳамияти стратегии давлатӣ доранд

Бо мақсади  таъмини бехатарии минтақа, иншоотҳои калони  хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аҳамияти стратегии давлатӣ доранд, барои пешгирии ҳодисаҳои диверсионӣ ва оқибатҳои  фалокатовар аз тарафи  давлат ҳифз карда мешаванд.

 

Моддаи 1321. Қоидаҳои умумии мубориза бо обхезӣ

1. Мубориза бо обхезӣ аз рўи усули банақшагирии ягона анҷом дода мешавад ва ба маҷмўи тадбирҳо оид ба мониторинг (мушоҳида, арзёбӣ, пешгўӣ), огоҳонидан аз обхезӣ ва бартараф намудани  оқибати онҳо асос меёбад.

2. Сохтмони иншооти таъиноти мубориза бо обхезӣ аз ҳисоби  буҷети давлатӣ, инчунин маблағи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ,  ки иншооти мазкур барои ҳимояи онҳо бунёд мегардад, маблағгузорӣ карда мешавад.

3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд иҷрои ҳамаи чораҳои мубориза бо обхезиро  таъмин намоянд. Назорати обхезӣ ва мониторинги ҷории онро дар  марказҳои маъмурӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ менамояд.

4. Корхонаҳои роҳи оҳан, алоқа, энергетика ва саноати истихроҷи маъдан дар минтақаҳои таҳдиди хавфи обхезӣ бояд аз ҳисоби маблағи худ фондҳои мубориза бо обхезӣ таъсис дода, корҳои иҷрогардидаро маблағгузорӣ намоянд. (КҶТ аз 3.12.09с, №572).

 

Моддаи 1322. Барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии мубориза бо обхезӣ

1. Мубориза бо обхезӣ бояд бо назардошти  хавфи сар задани он, хусусиятҳои ҳар як объекти об ва ҳавзаҳои дарёҳо дар асоси барномаи ягона анҷом дода, дар ҳамаи сатҳҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмин карда шавад.

2. Номгўи объектҳои об ва ҳавзаҳои дарёҳоро, ки нисбати онҳо Барномаи давлатии мубориза бо обхезӣ таҳия ва амалӣ мешавад, бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

3. Барномаҳои маҳаллии мубориза бо обхезӣ дар  объектҳои дигари об ва ҳавзаҳои дарёҳо бо мувофиқаи  мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дахлдор таҳия, тасдиқ ва амалӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

4. Барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии мубориза бо обхезӣ,  ки бо мақсади пешгирӣ, ҳимоя ва кам намудани зарари обхезӣ пешбинӣ шудаанд, бояд чорабиниҳои зеринро дар бар гиранд:

- ҷамъоварӣ ва таҳлил намудани маълумоти  мониторинги ҳолати объектҳои дахлдори об,  ба ҳисоб гирифтани иншооти мавҷудаи соҳаи мелиоратсия ва захираҳои об, арзёбии техникию иқтисодии ҷузъҳои мавҷуда ва  зарурии иншооти мазкур бо мақсади мубориза бо обхезӣ:

- ҷорӣ намудани равандҳои мутавозии истифодаи захираҳои об бо роҳи ҳамаҷониба ва асоснок кор фармудани оби партов, заҳбуру заҳкашҳо ва обҳои дигар дар хоҷагӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти  иқтисодӣ;

- амалӣ намудани лоиҳаҳои кўчонидани аҳолии минтақаҳое, ки ба онҳо хавфи зиёди обхезӣ таҳдид менамояд, барқарорсозии саддҳои муҳофизи соҳил ва иншооти дигари гидротехникӣ,  мустаҳкам намудани соҳили дарёҳо ва каналҳо.

5. Барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии мубориза бо обхезӣ бо назардошти маблағҳои мавҷуда,  ҷалби маблағ ва захираҳои моддию техникии имконпазир таҳия мешаванд.

6. Барномаҳои мубориза бо обхезӣ дар маҷмўъ таҳия шуда, онҳо дар баробари мубориза бо обхезӣ инчунин чораҳои мубориза бо биёбоншавиро низ пешбинӣ менамоянд. (КҶТ аз 3.12.09с, №572).

 

Моддаи 1323.  Мубориза бо обхезӣ дар минтақаҳои  хавфи зиёд

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об якҷоя бо мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дорои хавфи зиёди пайдоиши ярч, лағжиш ва обхезӣ мониторинги ин гуна ҳодисаҳоро таъмин намуда, чораҳои огоҳонӣ ва назоратӣ меандешад.

2. Ҳангоми таҳия ва татбиқи чораҳои огоҳонӣ аз обхезӣ ба ҳимояи иншооти обтақсимкунандаи минтақаҳои аҳолинишин, анборҳои нигоҳдории партовҳои кимиёвӣ ва радиоактивӣ, дигар моддаҳои аз ҷиҳати экологӣ хавфнок,  инчунин дигар иншооти калони иқтисодӣ,  ки дар минтақаҳои дорои хавфи зиёди обхезӣ ҷойгир мебошанд, диққати махсус дода шавад.

3. Минтақаҳое,  ки дар онҳо объектҳои нисбатан зарури вилояти мазкур  (шаҳр, ноҳия) ҷойгиранд, бояд бо системаи  муҳандисии муҳофизат аз обхезӣ ва дигар таъсирҳои зараровари об таъмин карда шаванд. (КҶТ аз 3.12.09с, №572).

 

Моддаи 1324Ҷалби муваққатии  захираҳои моддию техникӣ

1. Дар давраи ҳолати фавқулоддаи обхезӣ, Комиссияи ҷумҳуриявии мубориза бо обхезӣ бо мақсади андешидани чораҳои фаврӣ метавонад ба мақомоти дахлдор барои муваққатан ҷалб кардани захираҳои зарурии ашёи хом, сўзишворӣ, мавод,  нақлиёт, мошинҳо ва таҷҳизот ҳуқуқ диҳад.

2. Маводу таҷҳизот ва нақлиёти муваққатан сафарбаршуда баъд аз анҷоми корҳои давраи ҳолати фавқулодда бояд ба соҳибонашон баргардонида шаванд. Дар мавриди истифода шудан, осеб дидан ё аз кор баромадан арзиши пурраи онҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷуброн карда мешавад. (КҶТ аз 3.12.09с, №572).

 

Моддаи 1325. Бартараф намудани оқибати обхезӣ

Дар мавриди обхезӣ мақомоти дахлдори иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ бояд дар минтақаи офат корҳои ёрирасонии тиббӣ ва санитарию эпидемиологиро ба роҳ монанд, тартиботи  ҳуқуқиро таъмин намоянд ва инчунин ба таъмир ва барқарорсозии биною иншооти таъмини зисти аҳолӣ, ки дар натиҷаи обхезӣ зарар дидаанд,  ёрӣ расонанд. (КҶТ аз 3.12.09с, №572).

 

Моддаи 1326. Мониторинги  кўли Сарез

Бо мақсади пешгирӣ намудани оқибатҳои фалокати рахнаи оби кўли Сарез Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи махсуси мубориза бо обхезӣ аз ҷумла  чорабиниҳои зерин таҳия менамоянд:

- пешгўӣ ва пешгирии хавфи ҳолатҳои фавқулодда вобаста ба рахнаи оби кўли Сарез;

- ташкил ва таъмини мониторинги эҳтимолияти оқибати деформатсия (тағйири шакл), заминҷунбӣ, обуҳавосанҷӣ дар натиҷаи рахнаи оби кўли Сарез;

- таҳия ва татбиқи системаҳои боэътимоди муоинаи маҳаллӣ ва огоҳонии фаврӣ;

- ба нақша гирифтани амалиёти якҷоя бо мамлакатҳои манфиатдор дар ҳолати рух додани ҳолати фавқулодда,  мубодилаи иттилоот бо онҳо оид ба арзёбии хавфе, ки бар асари рахнаи оби кўли Сарез ба муҳити зист ва аҳолӣ таҳдид менамояд;

- банақшагирии якҷоя, таҳия ва татбиқ намудани лоиҳаҳои таҳқиқоти илмӣ, мубодилаи адабиёти илмию техникӣ ва натиҷаи таҳқиқоти илмӣ. (КҶТ аз 3.12.09с, №572).

 

ФАСЛИ  IV. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ, БАҲИСОБГИРӢ ВА БАНАҚШАГИРИИ ИСТИФОДАИ ОБ

 

БОБИ 23. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ, БАҲИСОБГИРӢ ВА БАНАҚШАГИРИИ ИСТИФОДАИ ОБ

 

Моддаи 133. Вазифаҳои назорати давлатӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об

Вазифаҳои назорати давлатӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об аз инҳо иборатанд:

-баҳисобгирии миқдории истифодаи об;

-назорати ҳолат ва тағйирёбии сифати  об;

-cанҷиш ва назорати иҷрои чорабиниҳо оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;

-муайян намудани мувофиқати нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатии обҳо ба талаботи меъёрӣ;

-мониторинг. (КҶТ аз 20.03.08c, №381).

 

Моддаи 134.  Ба нақшагирии истифодаи об

1.Банақшагирии истифодаи об бояд тақсимоти илман асосноки обро байни истифодабарандагони об бо дарназардошти дар навбати аввал қонеъ  гардонидани эҳтиёҷоти нӯшиданию маишии аҳолӣ, ҳифзи  об ва пешгириии таъсири зараровари он таъмин намояд.

2.Ҳангоми банакшагирии истифодаи об маълумоти кадастри давлатии об, тавозунҳои хоҷагии об, нақшаҳои истифодаи маҷмӯӣ ва ҳифзи об, инчунин меъёри гирифтани об аз манбаъҳои фонди давлатии об ба инобат гирифта мешаванд.

 

Моддаи 135. Кадастри давлатии об

Кадастри давлатии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи маълумоти  расмии ба низом даровардашуда оид ба  ҳолат, истифода ва ҳифзи  объектҳои об мебошад. Татбиқи кадастри давлатии об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 136. Феҳристи давлатии объектҳои хоҷагии об

1.Феҳристи давлатии объектҳои хоҷагии об маҷмӯи маълумоти ба низом даровардашудаи паспортикунонии объектҳои хоҷагии об мебошад. Татбиқи Феҳристи давлатӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об анҷом дода  мешавад. ҳар як объекти хоҷагии оби ба Феҳристи давлатӣ дохилшуда бояд дорои тавсифномаи   маҷмӯие  бошад, ки таъиноти мақсадноки  хоҷагӣ, ҳуқукӣ, физикию  ҷуғрофӣ, гидрологӣ, техникию иқтисодӣ ва  дигар нишондиҳандаҳоро  дар бар  гирад.  Ворид намудан  ба рӯйхати Феҳристи давлатӣ дар як вақт бо додани  иҷозат барои истифодаи  махсуси об амалӣ карда мешавад.

2.Феҳристи давлатии объектҳои хоҷагии об аз инҳо иборат аст:

- феҳристи давлатии субъектҳои хоҷагии об;

- феҳристи давлатии объектҳои дорои аҳамияти муҳими стратегӣ.

3.Феҳристи давлатии объектҳои хоҷагии об аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. (КҶТ аз 20.03.08c, №381).

4.Тартиб ва меъёри пардохтро аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои ба қайд гирифтани объеки хоҷагии об дар Феҳристи давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 137.  Махзани маълумот, системаи иттилоотии захираҳои об истифодаи онҳо

1.Бо мақсади  банақшагирии дарозмӯҳлат ва миёнамӯҳлати  истифодаи маҷмӯӣ ва ҳифзи захираҳои об,  таъмини иттилооти мақомоти идораи истифодаи захираҳои об, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об, дигар мақомоти манфиатдори давлатӣ махзани   маълумот ва системаи иттилооти аз ҷониби соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудани  захираҳои обро  таъсис медиҳад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

2.Барои ташаккули махзани маълумот ташкилоту идораҳо, корхонаҳо ва истифодабарандагони об ба таври ройгон   ва бе маҳдудият  иттилооти техникию иқтисодии истифодаи об, ҳолати экологии муҳити зистро, ки ба истифодаи об вобастаанд ва дигар иттилооти ба беҳтар шудани идораи истифода ва ҳифзи захираҳои об мусоидаткунандаро пешниҳод менамоянд.

 

Моддаи 138. Тавозунҳои хоҷагии об

Тавозунҳои хоҷагии об, ки аз  нигоҳи оморӣ мавҷудият ва дараҷаи  истифодаи обро арзёбӣ менамоянд, вобаста ба ҳавзаи  дарёҳо каналҳои калон, ноҳия ва вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешаванд.

 

Моддаи 139.  Нақшаҳои истифода ва ҳифзи маҷмӯи  об

Нақшаҳои истифода ва ҳифзи маҷмӯи об,  тадбирҳои асосии хоҷагии об ва дигар тадбирҳоро, ки  ҷиҳати қонеъ  гардонидани талаботи дурнамои аҳолӣ ва иқтисодиёти давлат ба об, инчунин барои ҳифзи об ва пешгирии таъсири зараровари онҳо бояд ба анҷом расонида шаванд, муайян  мекунанд.

 

Моддаи 140. Тартиби назорати давлатӣ баҳисобгирии об ва истифодаи онҳо, татбиқи кадастри давлатии об, тартиб додани тавозунҳои хоҷагии об, таҳияи накшаҳои истифода ва ҳифзи  маҷмӯии  об

1.Баҳисобгирии давлатии об ва истифодаи он, ҷорӣ намудани кадастри давлатии об, мушоҳида (мониторинг), тартиб додани тавозунҳои хоҷагии об, таҳияи нақшаҳои истифодаи маҷмӯӣ ва ҳифзи об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об аз ҳисоби давлат ва мувофиқи тартиби ягона барои Ҷумҳурии Тоҷикистон   анҷом  дода мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

2.Тартиби назорати давлатӣ  ва баҳисобгирии об ва истифодаи он,   ҷорӣ намудани  кадастри давлатии об, таҳия ва тасдиқи нақшаҳои  истифодаи  маҷмӯӣ ва ҳифзи обро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. 

 

БОБИ 231. ИДОРАКУНИИ ҲАВЗАВИИ ИСТИФОДАБАРЙ ВА ДИФЗИ ЗАХИРАХОИ ОБ

 

Моддаи 1401. Идоракунии хавзавии захираҳои об

  1. Идоракунии хавзавии захирахои об бо назардошти манфиати хамаи истифодабарандагони об дар худудхои алохидаи гидрографй дар асоси принсипи идоракунии хамгироиёнаи захирахои об ба рох монда мешавад.
  2. Барои ташкили идоракунии хавзавии захирахои об Шурой миллии об ва дар хавзахои алохида шурохон хавзавии об таъсис дода мешаванд.

 

Моддаи 1402. Шурой миллии об ва салохияти он

1. Шурой миллии об аз чониби Х,укумати Чумхурии Точикистон таъсис дода мешавад, ки он дорой чунин салохият мебошад:

  • хамохангсозии фаъолияти вазорату идорахо ва макомоти дигари давлати, инчунин ташкилотхои ғайридавлатй дар бобати банакшагирй, идоракунй, истифодабарй ва хифзи захирахои об;
  • тахияи пешниходхо оид ба мукаррар намудани худуди гидрографии хавзахои асосии об;
  • баррасии лоихаи Стратегияи миллии об ва пешниходи он ба Хукумати Ҷумхурии Точикистон;
  • тасдик;и накшахои хавзавии истифодабарй ва хифзи захирахои об;

-  баррасии хисоботи солонаи вазорату идорахо ва макомоти дигари давлати онд ба идоракунй, истифодабарй ва хифзи захирахои об;

- ичрои дигар вазифахое, ки Кодекси мазкур муайян намудааст.

2.                Шӯрои миллии об аз рохбарони вазорату идорахо ва макомоти дигари давлатие иборат аст, ки масъулияти идоракунии захирахои об, аз чумла ҷанбахои молиявй ва амнияти давлатиро ба зимма доранд. Ба хайати Шурои миллии об намояндагони ташкилотхои гайридавлатй, мутахассисон ва коршиносони алохидаи сохаи захирахои об ва иктисодиёт метавонапд дохил карда шаванд. Хайати Шурой миллии об ва раиси он аз ҷониби Х,укумати Ч,умхурии Точикистон тасдик карда мешаванд.

3. Фаъолияти Шурои миллии об тибки низомномаи он, ки аз ҷониби Хукумати Ҷумхурии Точикистон тасдик гардидааст, амалй карда мешавад.

 

Моддаи 1403. Шурой хавзавии об ва ваколатхои он

1. Шурои хавзавии об дар назди ташкилоти хавзавии захирахои об барои хамохангсозии фаъолияти ташкилотхои давлати ва гайридавлатии ба об алокаманд таъсис дода мешавад.

2.  Ба хайати Шурой хавзавии об намояндагони корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхо, ки фаъолияташон ба банакшагирй, истифодабарй ва хифзи захирахои оби хавза алокаманд аст, дохил мешаванд. Рохбари ташкилоти хавзавии захирахои об хамзамон раиси Шурой хавзавии об мебошад.

3. Шурой хавзавии об дорой чунин вазифахо мебошад:

  • баррасй ва тасдики накшаи солонаи хавзавии истифодабарии об;
  • хамохангсозии фаъолияти корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхо доир ба масъалахои банакшагирй, истифодабарй ва хифзи захирахои об дар хавза;
  • баррасии ташаккули хаҷми маблаггузории солонаи корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхо - истифодабарандагони об доир ба идоракунй, истифодабарй ва хифзи захирахои оби хавза, тарифи хакки хизмати обрасонй, таъминн оби нушокй ва дигар хизматрасонй;
  • иҷрои дигар вазифахое, ки Кодекси мазкур муайян кардааст.

4. Фаъолияти Шурой хавзавии об тибки низомномаи он, ки аз чониби макомоти ваколатдори давлати оид ба танзим истифода ва хифзи захирахои об тасдик гардидааст, амалй карда мешавад.

 

Моддаи 1404. Стратегияи миллии об

1. Стратегияи миллии об ба принсипи идоракунии хамгироиёнаи захирахои об асос ёфта, самтхои асосии банакшагирй, истифодабарй ва хифзи захирахои обро бо назардошти дурнамои рушди сохахои иктисодиёт муайян менамояд.

2.   Стратегияи миллии об аз чониби макомоти ваколатдори давлати оид ба танзими истифода ва хифзи захирахои об бо чалби макомоти дигари манфиатдор тахия ва дар Шурой миллии об баррасй гардида, аз чоннби Х,укуматп Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.

3. Макомоти ваколатдори давлати оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳон об қоидаҳои асосии Стратегияи миллии обро тавассути воситаҳои ахбори омма ба маълумоти ахли чомеа мерасонанд.

 

Моддаи 1405. Накшаҳои хавзавии истифодабарӣ ва хифзи захирахон об

  1. Лоихаҳои накшаҳои хавзавии истифодабарй ва ҳифзи захирах,ои об барои хавзахои алох,ида аз чониби ташкилоти хавзавии захирахои об бо назардошти идоракунии хамгироиёнаи захираҳои об таҳия карда мешаванд.
  2. Лоихаҳои накшах,ои хавзавии истифодабарй ва ҳифзи захирахои об дар Шурой хавзавии об тибки тартиби мукарраргардида барраси ва барои тасдик ба Шурой миллии об пешниход карда мешаванд.
  3. Нақшаҳои хавзавии исгифодабарй ва ҳифзи захираҳои об дар асоси Стратегияи миллии об таҳия гардида, накшаҳои кутоҳмухдат, миёнамухдат ва дарозмуҳлати истифода ва ҳифзи захираҳои обро дар ҳудуди ҳавзан муанян дар бар мегирад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 

ФАСЛИ V. ҶАВОБГИРӢ  ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ОБ

 

БОБИ 24. ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ОБ

 

Моддаи 141. Беътибор  будани аҳдҳое, ки ҳуқуқи моликияти давлатии обро  вайрон мекунанд

Гузашт кардан аз ҳуқуқи   истифодаи об ва аҳдҳои дигаре, ки ба таври рӯирост  ё пинҳонӣ ҳуқуқи  моликияти давлатии обро вайрон  мекунанд, беэътибор  дониста мешаванд.

 

Моддаи 142. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани конунгузории об

1.Шахсоне, ки дар содир  намудани кирдорҳои дар моддаи 124 Кодекси мазкур  пешбинӣ гардида гунаҳкоранд, инчунин барои амалҳои  зайл тибки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  ҷавобгарӣ кашида мешаванд:

-худсарона истифода бурдани об,  гирифтани об  бо вайрон кардани  шартномаҳо;

-ифлосу олуда намудани об;

-ба истифода додани корхонаҳо, иншооти коммуналӣ ва дигар  объектҳо бидуни иншоотҳои пешгирикунандаи  ифлосу олудашавии  об ё таъсири зараровари он;

-вайрон кардани низоми ҳифзи об дар ҳавзаҳои обҷамъшаванда, ки боиси ифлосшавии он, аз об вайрон шудани заминҳо ва дигар омилҳои зараровар мегарданд;

-вайрон кардан   баҳисобгирӣ ва ҳисоботи истифодаи об;

-худсарона анҷом додани корҳои гидротехникӣ;

-хароб кардани объектҳои хоҷагии об ва дастгоҳҳо;

-вайрон кардани талаботи меъёрию техникӣ  санитарию гигиенӣ ва метрологӣ оид ба тартиби амалӣ гирдонидани назорат ва баҳисобгирии истифодаи об;

-даст кашидан аз пешниҳоди иттилооти дурусту саривақтӣ ё додани ахбори ғалат дар бораи ҳолат ва истифодаи захираи об;

-кори ғайриқанотбахши иншооти тозакуанда аз меъёри зиёд партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба объектҳои об;

-вайрон кардани низоми хоҷагӣ дар  объектҳои об ва иншооти хоҷагии об ки боиси ифлос шудани онҳо аз об вайрон шудани заминҳо ва дигар  омилҳои зараровар мегарданд;

-партофтани обҳои партови ифлоскунанда ба сатҳи обҳои зеризаминӣ.

2.Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад  барои дигар намудҳои вайрон кардани қонунгузории об ҷавобгарӣ муқаррар намояд.

 

Моддаи 143. Баргардонида додани обьктхои обе, ки худсарона ғасб шудаанд

Объекти оби худсарона ғасбшуда, тибқи тартиби дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, бе пардохти хароҷоти давраи  истифодаи ғайриқонунии  онҳо, ба соҳибонашон баргардонида мешавад.

 

Моддаи 144. Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузории об расонида шудааст

Шахсони воқеӣ ва хуқуқӣ вазифадоранд зарареро, ки аз ҷониби  онҳо дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузории об расонида шудааст, тибқи андозаҳо ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намоянд.

 

Моддаи 145. Принсипҳои ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи муносибатҳои вобаста ба об

1.Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ оид ба муносибатҳои вобаста ба об зарурати таъмини рушди устувори иқтисодиёти худ, истифодаи сарфакорона ва ҳифзи захираҳои обро дар асоси риояи принсипҳои ҳуқуқи байналхалқии об, ҳамкории муфид ва дӯстона бо давлатҳои хориҷӣ, бехатарии умумии экологӣ, инкишофи ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи муносибатҳои вобаста ба обро ба асос мегирад.

2.Муносибатҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба об бо дигар давлатҳо бо Кодекси мазкур, дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти санадҳои ҳуқукии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, танзим мегардад,

 

Моддаи 146. Асосҳои иқтисодии муносибатҳои вобаста ба об бо дигар давлатҳо

Асосҳои иқтисодии муносибатҳои вобаста ба об бо дигар давлатҳо дар заминаи ҳуқуқи байналхалқии об ва созишномаҳои байнидавлатӣ муқаррар карда мешаванд.

 

 

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи қабули Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2000, № 11, мод. 510; с.206,№3, мод. 164; с. 2008, №3, мод. 200; с. 2009,№12, мод. 824; с. 2011,№6, мод. 455;)

 

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  мекунад:

1. Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.

2. Аз эътибор соқит дониста шаванд:

Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 (Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1994. № 2, м.38);

Фасли ХXХҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 «Дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1997, № 9, м.117).

 

      Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                            Э. РАҲМОНОВ

             

          ш. Душанбе,

 29 ноябри соли 2000,

   № 34

 

КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (ҚИСМИ СЕЮМ)

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 16/01/2020 - 15:58
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
КОДЕКС
Рақам: 
84
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Сана: 
01.03.2005
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми ноябри соли 2004, № 1260 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 1, соли 2005, моддаи 3) қабул гардидааст.
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2005, № 598 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 2, соли 2005, моддаи 74) ҷонибдорӣ гардидааст.
 
         Моддаи 1. Қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.
         Моддаи 2. Фасли чорум «Ҳуқуқи муаллифӣ», фасли панҷум «Ҳуқуқҳои кашфкунӣ», фасли шашум «Ҳуқуқи ихтироъкорӣ, таклифи ратсионализаторӣ ва намунаи саноатӣ», фасли ҳафтум «Ҳуқуқи меросӣ», фасли ҳаштум «Қобилияти ҳуқуқдории гражданинҳои хориҷӣ ва шахсони бегражданият. Татбиқи қонунҳои граждании давлатҳои хориҷӣ ва шартномаҳои байналхалқӣ»-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 28 декабри соли 1963 «Дар бораи тасдиқ кардани Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи онҳо ба фаслҳои ишорашудаи ҳамин Кодекс тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, аз эътибор соқит дониста шаванд.
         Моддаи 3. Қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ, ки баъди мавриди амал қарор додани он ба вуҷуд омадааст, истифода бурда мешавад.
         Моддаи 4. Қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                            Э.Раҳмонов
             ш. Душанбе,  1 марти соли 2005,
            № 84                                             
 
Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005, №3, мод. 123; соли 2012,№7, мод.690)
 
Қисми III
Фасли V
Моликияти зеҳнӣ
Боби 57. Муқаррароти умумӣ оид ба моликияти зеҳнӣ
                Моддаи 1125. Мафҳуми моликияти зеҳнӣ
1. Моликияти зеҳнӣ ин ҳуқуқҳои амволӣ ва (ё) ғайриамволии шахсӣ нисбат ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни аҳдҳои гражданӣ, фардикунонии маҳсулот, корҳо ё хизматрасонии иҷрошаванда (воситаҳои фардикунонӣ) ва ҳамчунин объектҳои дигари ба онҳо баробаркардашуда мебошад. 
Мазмун, асосҳои ба миён омадан, тартиби татбиқ ва қатъ намудани ҳуқуқҳои амволӣ ва ғайриамволии шахсӣ нисбат ба объектҳои алоҳидаи моликияти зеҳнӣ бо ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар муайян карда мешавад.
2. Ҳамин Кодекс намудҳои асосии объектҳои моликияти зеҳниро муқаррар мекунад ва муқаррароти умумии танзими муносибатҳои амволӣ ва ғайриамволии шахсии вобаста ба онҳоро муайян менамояд.
3. Ба муносибатҳои моликияти зеҳнӣ меъёрҳои ҳамин Кодекс, аз ҷумла муқаррарот оид ба ўҳдадориҳо ва шартномаҳо татбиқ мегарданд, агар дар қонунҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад ва аз моҳияти муносибатҳои танзимшаванда барнаояд.
 
Моддаи 1126. Объектҳои ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ
Ба объектҳои ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ  инҳо дохил мешаванд:
1) натиҷаҳои фаъолияти эҷодии зеҳнӣ :
-асарҳои илмӣ, санъат ва адабиёт, аз ҷумла барномаҳо барои мошинҳои электронии ҳисоббарор, барномаҳои компютерӣ ва маҷмўи маълумот;
-иҷро намудан, фонограммаҳо, ташкили намоиши эфирӣ ё намоиши кабелӣ;
-ихтироот, моделҳои муфид, намунаҳои саноатӣ;
-дастовардҳои селексионӣ;
-топологияи микросхемаҳои интегралӣ;
-маълумоти дорои сирри хизматӣ ё тиҷоратӣ.
2) воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни аҳдҳои гражданӣ, молҳо, корҳо ва хизматрасонӣ:
-номи фирмавӣ;
-тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ;
-номи маҳалли истеҳсоли мол ва нишондоди истеҳсолӣ.
3) натиҷаҳои дигари фаъолияти зеҳнӣ  ва воситаҳои фардикунонии ба онҳо баробаркардашуда, ки мутобиқи қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.
 
Моддаи 1127. Ба миён омадани ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ
Ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ  ба объектҳои дахлдор дар натиҷаи ташкили онҳо ё шурўи истифода ё бақайдгирии давлатӣ ва ҳамчунин бо асосҳои дигар, ки бо қонун ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ба миён меоянд.
          Моддаи 1128. Мазмуни ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ
1. Соҳиби ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ  ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ  ё воситаҳои фардикунонӣ ҳуқуқҳои мустасноие дорад, ки нисбати ҳама ва ҳар кас ҳифз карда мешаванд.
2. Ҳуқуқи истисноӣ ба натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ ё воситаи фардикунонии ваколатҳои амволӣ ва ғайриамволии шахсиро дар бар мегирад, ки нисбат ба объектҳои мушаххаси моликияти зеҳнӣ қобили истифода будани таркиби онро қонун бо назардошти муқаррароти ҳамин Кодекс муайян менамояд.
3. Ҳуқуқи соҳибони ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ  мумкин аст бо қонун маҳдуд карда шавад.
Чунин маҳдудиятҳо набояд ба истифодаи мўътадили объектҳои моликияти зеҳнӣ зарар оваранд ва ҳуқуқҳои шахсии ғайриамволии муаллифро маҳдуд созанд.
 
Моддаи 1129. Ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ  ва ҳуқуқи моликият ба ҳомили моддӣ
1. Ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ ба ҳуқуқи моликият ё ҳуқуқи ашёии дигар ба ҳомили моддӣ, ки дар он объекти моликияти зеҳнӣ таҷассум ёфтааст, вобаста намебошад.
2. Гузаштани ҳуқуқи моликият ба ҳомили моддии натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ  ё воситаи фардикунонӣ худ аз худ додан ё пешниҳоди ягон намуди ҳуқуқро ба истифодаи объекти дахлдори моликияти зеҳнӣ, ки дар ин ҳомил таҷассум ёфтааст, фаро намегирад, агар тартиби дигареро қонун муқаррар накарда бошад.
3. Аз тарафи соҳибмулк ё ҳар як шахси  дигар  ба амал баровардани ҳуқуқ нисбат ба ҳомили моддӣ, ки дар он объекти моликияти зеҳнӣ  таҷассум ёфтааст, набояд ҳуқуқ ва манфиатҳои соҳиби ҳуқуқи амвол ва ҳуқуқи ғайриамволиро ба ҳамин гуна объект, ки қонун ҳифз менамояд, вайрон намояд.
Моддаи 1130. Ҳуқуқҳои шахсии ғайриамволӣ
1. Ҳуқуқи муаллиф, ҳуқуқ ба ном ва ҳуқуқҳои дигари шахсии ғайриамволии моликияти зеҳнӣ  мутобиқи ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар татбиқ ва ҳифз карда мешавад.
2. Ҳуқуқи шахсии ғайриамволии ба ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ  дохилшаванда ва бо қонунҳои дахлдор пешбинишуда ба ҳуқуқи амвол вобаста нест, ба шахсони дигар дода намешавад ва бемўҳлат ҳифз карда мешавад.
3. Пурра ё қисман аз тарафи офарандаи натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ (муаллиф, иҷрокунанда) рад намудани ҳуқуқи марбутаи шахсии ғайриамволии ў ба ин натиҷа беэътибор аст.
4. Дар ҳолати пешбининамудаи қонун ҳуқуқҳои шахсии ғайриамволии алоҳидаи моликияти зеҳнӣ  метавонанд аз они шахсони ҳуқуқӣ эътироф карда шаванд.
 
Моддаи 1131. Ҳуқуқи амволии моликияти зеҳнӣ
1. Соҳиби ҳуқуқи амволии моликияти зеҳнӣ  ҳуқуқ дорад бо хости худ истифодаи объекти дахлдори моликияти зеҳниро бо воситаю шакли дилхоҳ татбиқ , ҳал ва манъ намояд, агар инро ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар манъ накунанд.
2. Ҳуқуқи амвол нисбат ба объекти моликияти зеҳнӣ  метавонад ба таври муштарак ба як шахс ё якчанд шахс тааллуқ дошта бошад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ҳуқуқи амволӣ нисбат ба як объекти моликияти зеҳнӣ метавонад ба шахсони гуногун тааллуқ дошта бошад ва аз тарафи онҳо новобаста ба ҳамдигар татбиқ карда шавад.
3. Муносибати мутақобила оид ба истифодаи объекти моликияти зеҳнӣ, ки ҳуқуқ ба он ба таври муштарак ба якчанд нафар тааллуқ дорад, бо созишномаи байни онҳо муайян карда мешавад. Ҳангоми мавҷуд набудани чунин созишнома баҳси татбиқи ҳуқуқи амволии моликияти зеҳнӣ бо тартиби судӣ ҳал карда мешавад.
 
Моддаи 1132. Мўҳлати амали ҳуқуқи амволӣ
1. Мўҳлати амали ҳуқуқи амволӣ нисбат ба намудҳои алоҳидаи объектҳои моликияти зеҳнӣ, тартиби ҳисобкунии онҳо, асос ва тартиби дароз кардани онҳо ё барқарор намудан ва ҳамчунин асос ва тартиби пеш аз мўҳлат қатъ намудани амали ҳамин гуна ҳуқуқҳоро қонунгузорӣ муқаррар менамояд.
2. Бо гузаштани мўҳлати амали ҳуқуқҳои амволӣ ва ҳамчунин дар ҳолати пеш аз мўҳлат қатъ намудани амали ҳамин гуна ҳуқуқҳо объекти дахлдори моликияти зеҳнӣ  ба сарвати ҷамъиятӣ мегузарад.
3. Соҳиби ҳуқуқи амволӣ метавонад дар хусуси қатъ намудани амали он ва гузаштани объекти дахлдори моликияти зеҳнӣ  ба сарвати ҷамъиятӣ пеш аз мўҳлат қарор қабул намояд, агар тартиби дигареро қонун муқаррар накарда бошад ва ҳамзамон ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони дигар, ки қонун ҳифз менамояд, вайрон карда нашавад.
 
Моддаи 1133. Гузаштани ҳуқуқи амволӣ
1. Ҳуқуқи амволӣ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ мумкин аст тибқи шартнома ба шахсони дигар дода шавад ё ба онҳо дар асоси қонун гузарад.
2. Шартномаҳое, ки ба додани ҳуқуқи амволӣ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ вобаста мебошад, бояд дар шакли хаттӣ ё намуди дигари пешбининамудаи  қонун баста шаванд.
3. Шартҳои шартномаҳо, ки вазъи соҳибони ҳуқуқи моликияти зеҳниро бад мекунанд, беэътибор дониста мешаванд.
4. Қонун метавонад бақайдгирии давлатии намудҳои алоҳидаи шартномаҳои вобаста ба додани ҳуқуқи амволӣ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ  ва ҳамчунин ҳолатҳои дигари гузаштани ҳуқуқро ба ҳамин гуна объектҳо муқаррар намояд.
 
Моддаи 1134. Объектҳои хизматии моликияти зеҳнӣ
1. Ҳуқуқи амволӣ ба объекти моликияти зеҳнӣ, ки корманд вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ ё супориши хизматии корфармо (объекти хизматии моликияти зеҳнӣ ) ташкил намудааст, ба корфармо тааллуқ дорад, агар дар қонун ё дар шартномаи байни корманд ва корфармо тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
2. Ба корманде, ки объекти хизматии моликияти зеҳниро ташкил намудааст, ҳуқуқи шахсии ғайриамволӣ ба ҳамин гуна объект ва ҳуқуқи мукофотгирие тааллуқ дорад, ки андоза, шарт ва тартиби пардохти он бо шартномаи байни корманд ва корфармо муайян карда мешавад, агар қонун тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.
3. Дар ҳолатҳо ва тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ ҳуқуқҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда метавонанд ба корманде, ки объекти хизмати моликияти зеҳниро ташкил намудааст, гузаранд.
Моддаи 1135. Ҳуқуқ ба объектҳои моликияти зеҳние, ки ҳангоми иҷрои қарордодҳои (фармоишҳои) давлатӣ таъсис ёфтаанд
1. Ҳуқуқҳои амволӣ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ, ки бо қарордоди (фармоиши) давлатӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ ташкил гардидаанд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд, агар қарордоди (фармоиши) давлатӣ тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
2. Агар ҳуқуқи амволӣ ба объекти моликияти зеҳнӣ  бо қарордоди (фармоиши) давлатӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ ташкил шуда бошад ва тибқи қисми 1 ҳамин модда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ надошта бошад, соҳиби ҳуқуқи амволӣ бо талаби давлат вазифадор аст ҳуқуқи истифодаи ҳамин гуна объекти моликияти зеҳниро барои эҳтиёҷоти давлатӣ ройгон  пешниҳод намояд.
3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин модда ба офарандаи (муаллифи) натиҷаи фаъолияти эҷодӣ, ки ба он ҳуқуқи амволӣ надорад, ҳуқуқи шахсии ғайриамволӣ ба чунин натиҷа, ҳуқуқ ба подош, ки соҳиби ҳуқуқи амволӣ ба ҳамин гуна натиҷа пардохт менамояд, тааллуқ дорад. Андоза, шарт ва тартиби пардохти подошро шартномаи байни офаранда (муаллиф) ва соҳиби ҳуқуқи амволӣ муайян менамояд, агар қонун тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
 
Моддаи 1136. Татбиқи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ
1. Ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ бо салоҳдиди соҳиби ин ҳуқуқҳо татбиқ карда мешавад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ба соҳиби ҳуқуқи амволии моликияти зеҳнӣ  ба сифати шарти амали ин ҳуқуқҳо мумкин аст вазифаи истифодаи объекти дахлдори моликияти зеҳнӣ вогузор карда шавад.
2. Ҳангоми татбиқи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ ҳуқуқи соҳибони объектҳои дигари моликияти зеҳнӣ  набояд вайрон карда шаванд.
3. Ҳуқуқи амволӣ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ  мумкин аст дар асоси инфиродӣ ё дастаҷамъона татбиқ карда шаванд.
Талаботи асосӣ ба идораи ҳуқуқи коллективии амволӣ дар асоси қонун муқаррар карда мешавад.
Моддаи 1137. Ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ
1. Ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ бо тарзҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур бо назардошти моҳияти ҳуқуқи вайроншуда ва оқибатҳои вайронкунии ин ҳуқуқ ҳифз карда мешавад.
2. Тарзҳои ҳифзи пешбининамудаи Кодекси мазкур бо талаби соҳибҳуқуқ, ташкилоти идораи дастаҷамъии ҳуқуқҳои молумулкӣ, инчунин дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи дигар шахсон низ татбиқ карда мешаванд.
3. Гуноҳ надоштани вайронкунанда ўро аз ўҳдадории қатъ намудани вайронкунии ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ озод намекунад ва нисбати ў чораҳое, ки барои ҳифзи чунин ҳуқуқҳо равона шудаанд, татбиқ мегарданд. Интишори қарори суд оид ба вайронкунии содиршуда ва пешгирӣ намудани амалҳое, ки ҳуқуқро вайрон мекунанд ё барои вайрон  кардани он таҳдид менамоянд, низ новобаста аз гуноҳи вайронкунанда ва аз ҳисоби ў амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 11371. Тарзҳои ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ
1. Дар ҳолати вайрон шудани ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкии муаллиф ҳифзи онҳо бо тарзҳои эътирофи ҳуқуқ, барқарор намудани вазъе, ки то вайронкунии ҳуқуқ ҷой дошт, пешгирии амалҳое, ки ҳуқуқро вайрон мекунанд ё ба вайронкунии он таҳдид менамоянд, ҷуброни зарари маънавӣ ва нашри қарори суд оид ба вайронкунии содиршуда амалӣ карда мешавад.
2. Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори кории муаллиф мувофиқи қоидаҳои моддаи 174 Кодекси мазкур амалӣ карда мешаванд.
3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар шахсон низ метавонанд тарзҳои ҳифзи ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкиро татбиқ намоянд.
4. Ҳуқуқҳои молумулкии муаллиф  бо тарзҳои зерин ҳифз карда мешаванд:
- эътирофи ҳуқуқ;
- пешгирӣ намудани амалҳое, ки ҳуқуқро вайрон мекунанд ё ба вайрон кардани он таҳдид менамоянд;
- рўёнидани товони зарар;
- мусодираи маводу таҷҳизоте, ки бо истифодаи онҳо вайронкунӣ содир гардидааст ва объектҳои моддие, ки дар натиҷаи ҳамин вайронкунӣ ба даст омадаанд;
- интишори қарори суд оид ба вайронкунии содиршуда;
- тарзҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд.
5. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибҳуқуқ метавонад ба ҷои рўёнидани товони зарар пардохти ҷуброни пулиро барои ҳуқуқи вайроншудаи мазкур талаб намояд. Андозаи ҷубронпулӣ аз ҷониби суд вобаста ба хусусияти вайронкунӣ ва дигар ҳолатҳо муайян карда мешавад.
6. Дар ҳолатҳое, ки истеҳсол, паҳн кардан ё истифодаи дигар, инчунин ворид намудан, интиқол ё фиристодан, ё нигоҳ доштани ҳомили моддӣ, ки дар он натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ таҷассум ёфтааст, боиси вайрон гардидани ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ мегарданд, чунин ҳомили моддӣ қалбакӣ дониста шуда, бо қарори суд аз муомилот гирифта шуда, бидуни ҷуброн нест карда мешаванд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
7. Таҷҳизот, дигар дастгоҳҳо ва маводе, ки асосан барои вайрон кардани ҳуқуқҳои истисноӣ истифода ё таъин шудаанд, бо қарори суд аз муомилот гирифта шуда, аз ҳисоби вайронкунанда нест карда мешаванд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани онҳо ба фоидаи давлат пешбинӣ нашуда бошад.
8. Бо мақсади таъмини далелҳо аз рўи парвандаҳо оид ба вайронкунии ҳуқуқҳои истисноӣ ба ҳомили моддӣ, таҷҳизот, дигар дастгоҳҳо ва маводе, ки тавассути онҳо эҳтимолияти вайронкунии ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ пешниҳод шудааст, мумкин аст чораҳои таъминкунии муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба ҳабс гирифтани ин объектҳо, татбиқ карда шаванд.(ҚҶТ аз 3.07.12с.№840)
 
 
Фасли VI
Ҳуқуқ ба мерос
 
Боби 58. Муқаррароти умумӣ оид ба меросгузорӣ
 
Моддаи 1138. Ворисии ҳуқуқ ба мерос
1. Ворисӣ ин гузариши ҳуқуқи амволӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ба дигар шахс ё ашхос (ворисон) гузаштани ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкии ба молумулк вобастаи шахси фавтида (меросгузор) тибқи шартҳои ворисии ҳуқуқии универсалӣ эътироф мегардад. Мерос, агар аз қоидаҳои ҳамин фасл тартиби дигаре барнаояд, ҳамчун як маҷмўи мукаммал ва дар ҳамон як лаҳза мегузарад.
2. Ворисии ҳуқуқ ба мерос бо ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳо танзим карда мешавад.
 
Моддаи 1139. Асосҳои ворисӣ (меросхўрӣ)
1. Ворисӣ тибқи васиятнома ва қонун анҷом дода мешавад.
2. Ворисӣ тибқи қонун ҳангоми вуҷуд надоштани васиятнома ё агар он қисмати ҳамаи меросро муайян насозад, инчунин дар дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ҷой дошта метавонад.
 
Моддаи 1140.  Бамеросгирии амволе, ки моликияти муштараки умумӣ мебошад
1. Фавтидани иштирокчии моликияти муштараки умумӣ барои муайян намудани ҳиссаи ў ба ҳуқуқи моликияти умумӣ ва тақсими моликияти умумӣ ё аз он ҷудо намудани ҳиссаи шахси вафоткарда асос мебошад. Дар ин ҳолат мерос нисбат ба амволи умумӣ, ки ба ҳиссаи шахси вафоткарда дохил мешавад ва ҳангоми ғайриимкон будани тақсимоти амвол дар шакли асл – нисбат ба арзиши ҳамин гуна ҳисса кушода мешавад.
2. Иштирокчии моликияти муштараки умумӣ ҳуқуқ дорад ба ҳуқуқи амволи умумӣ ҳиссаи худро ҷойгир намояд, ки баъди вафоти ў мутобиқи қисми 1 ҳамин модда муайян карда мешавад.
 
Моддаи 1141. Ворисии ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замини хоҷагии  деҳқонӣ (фермерӣ) ва хоҷагии ёрирасони шахсӣ
Ворисии ҳуқуқи истифодабарии меросии якумраи қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва хоҷагии ёрирасони шахсӣ тибқи ҳамин Кодекс танзим мегардад, агар дар қонун тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
 
Моддаи 1142. Кушодани мерос
1. Мерос дар натиҷаи вафоти шаҳрванд ё фавтида эълон гардидани ў (моддаи 46 ҳамин Кодекс) кушода мешавад.
2. Замони кушодани мерос рўзи (ҳангоми зарурат инчунин лаҳзаи) вафоти меросгузор ва ҳангоми фавтида эълон намудани ў  рўзи эътибори қонунӣ пайдо намудани қарори суд дар хусуси фавтида эълон гардидани шаҳрванд мебошад, агар дар қарори суд рўзи дигар нишон дода нашуда бошад.
3. Агар дар давоми як шабонарўз (бисту чор соат) шахсоне, ки ҳуқуқ доштанд яке пас аз дигаре мерос гиранд, вафот карда бошанд, онҳо дар як вақт вафоткарда эътироф мешаванд ва ба меросгирӣ ворисони ҳар яки онҳо даъват карда мешаванд.
4. Агар суд вафот намудани якчанд шахсро дар натиҷаи бедарак ғоиб шудан дар ҳамон як ҳолат фавтида эътироф намояд, пас онҳо дар як вақт вафоткарда эътироф мешаванд ва меросгирӣ баъди ҳар яки онҳо кушода мешавад ва ба меросгирӣ ворисони ҳар яки онҳо даъват карда мешаванд.
 
Моддаи 1143. Маҳали кушодани мерос
Маҳали кушодани мерос маҳали охирини зисти меросгузор (моддаи 21 ҳамин Кодекс) мебошад. Агар маҳали зисти охирини меросгузор номаълум бошад, пас маҳали кушодани мерос маҳали ҷойгиршавии амволи ғайриманқули ба меросгузор дахлдошта ё қисмати асосии он ва ҳангоми набудани амволи ғайриманқул – маҳали воқеъ гардидани қисми асосии амволи манқул эътироф карда мешавад.
 
Моддаи 1144. Ворисон
1. Ворисон тибқи васиятнома ва бо қонун шаҳрвандони дар лаҳзаи кушодани мерос зинда ва ҳамчунин кўдакони ҳангоми зинда будани меросгузор дар батни модар ва баъди кушодани мерос зинда таваллудшуда буда метавонанд.
2. Ворисон тибқи васиятнома ҳамчунин мумкин аст шахсони ҳуқуқӣ ва давлат бошанд.
Моддаи 1145.  Аз мерос бартараф намудани ворисони ношоиста
1. Шахсоне, ки қасдан меросгузор ё яке аз ворисони имконпазирро аз ҳаёт маҳрум сохтаанд ё ба ҳаёти онҳо суиқасд кардаанд, на тибқи васиятнома ва  на тибқи қонун ба ворисӣ ҳуқуқ надоранд.
2. Шахсоне, ки қасдан ба меросгузор барои амалӣ шудани охирин нияти ў монеа гардидаанд ва бо ин роҳ барои ба мерос даъват шудани худ ё шахсони наздикашон ё барои зиёд кардани ҳиссаи мероси ба онҳо марбута мусоидат кардаанд, на тибқи васиятнома ва  на тибқи қонун ба ворисӣ ҳуқуқ надоранд.
             3. Падару модар баъди фарзандоне, ки нисбат ба онҳо аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрум гардидаанд ва дар лаҳзаи  кушодани мерос ин ҳуқуқашон барқарор нашудааст, инчунин падару модар (фарзандхондагон) ва фарзандони болиғ (фарзандхондшудагон), ки аз иҷрои ўҳдадориҳои бо амри қонун ба зиммаашон гузошташуда вобаста ба таъминоти меросгузор саркашӣ намудаанд, тибқи қонун ҳуқуқи ворисӣ надоранд.
4. Ҳолатҳое, ки барои аз мерос барканор намудани ворисони ношоиста асос мебошанд, аз ҷониби суд муқаррар карда мешавад.
5. Меъёрҳои ҳамин модда  инчунин нисбат ба супориши васият  низ татбиқ мегарданд.
 
Моддаи 1146. Ўҳдадориҳои шахсе, ки вориси ношоиста эътироф шудааст
Агар шахсро суд вориси ношоиста эътироф намояд, ў баъди гирифтани мерос ўҳдадор аст, ки ҳамаи мероси гирифтаашро якҷоя бо фоидаю даромадаш баргардонад. Ҳангоми нигоҳ надоштани амволи меросӣ ин шахс ўҳдадор аст, ки арзиши онро пардохт намояд.
 
Моддаи 1147.  Мўҳлати пешниҳоди даъво дар хусуси вориси ношоиста эътироф намудан
Даъво дар хусуси вориси ношоиста эътироф намудани шахс аз тарафи шахсони манфиатдор дар давоми се сол аз лаҳзае, ки ин шахс ихтиёрдории онро ба даст гирифтааст, бояд пешниҳод шавад.
 
Моддаи 1148. Афзун гардонидани ҳиссаи меросӣ
1. Дар ҳолати аз тарафи ворис рад гардидани  мерос ё аз тарафи васиятгар ё суд маҳрум намудан аз ҳуқуқи мерос ё бинобар аз миён рафтани ҳолатҳои дар ҳамин Кодекс нишондодашуда як қисми мерос, ки ҳиссаи ҳамин гуна ворис буд, ба ворисони қонунан меросгир мегузарад ва дар байни онҳо мутаносибан ба ҳиссаи меросиашон тақсим мешавад.
Агар меросгузор тамоми амволашро ба ворисони таъиннамудааш васият карда бошад, як қисми меросе, ки ба шахси аз мерос дасткашида ё ба вориси аз миёнрафта тааллуқ дошт, ба ворисони дигари дар васиятнома зикршуда мегузарад ва дар байни онҳо мутаносибан ба ҳиссаи меросиашон тақсим карда мешавад, чунки дар васиятнома тартиби дигаре пешбинӣ нашудааст.
2. Меъёрҳое, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, дар ҳолатҳои зерин татбиқ намешаванд:
-агар ба вориси раднамуда ё аз миёнрафта вориси иловагӣ таъин шуда бошад (моддаи 1151 ҳамин Кодекс);
-ҳангоми даст кашидани ворис аз мерос ба фоидаи вориси дигар (қисми 3 моддаи 1180 ҳамин Кодекс) ё шахси дигар;
-дар ҳолатҳое, ки агар ҳангоми меросгирӣ бо қонун радкунӣ ё ғоиб гардидани ворис ба меросхўрии меросхўрони навбати дигар меорад.
 
Моддаи 1149. Гузаштани мерос ба давлат
1. Амволи меросӣ бо ҳуқуқи меросӣ дар ҳолатҳои зерин ба давлат мегузарад:
          а) агар амвол ба давлат васият шуда бошад;
б) агар меросгузор тибқи қонун ва васиятнома ворис надошта бошад;
в) агар ҳамаи меросгиронро васиятгар аз ҳуқуқи меросгирӣ маҳрум гардонида бошад.
2. Агар яке аз ворисон ба фоидаи давлат аз мерос даст кашида бошад, пас ҳиссае, ки ба ин ворис дахл дошт, ба давлат мегузарад.
3. Ҳангоми набудани ворисони тибқи қонун, ки танҳо як қисми амволи меросгузор васият шудааст, қисми боқимонда ба давлат мегузарад.
 
Боби 59. Меросгирӣ бо васиятнома
 
Моддаи 1150. Муқаррароти умумӣ
1. Васиятнома иродаи ихтиёрии шаҳрванд оид ба ихтиёрдории ҳуқуқи амволии ба ў дахлдошта ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ҳуқуқи ғайриамволӣ ҳангоми вафот кардан эътироф мешавад, ки ба тарзи зарурӣ ба расмият дароварда шудааст.
2. Васиятнома бояд шахсан тартиб дода шавад. Тартиб додани васиятнома тариқи намоянда иҷозат дода намешавад.
3. Шаҳрванд метавонад ҳамаи амвол ё як қисми амволи худро ба як ё якчанд шахс, ки ба гурўҳи ворисон тибқи қонун дохил мешаванд ё дохил намешаванд, ҳамчунин ба шахсони ҳуқуқӣ ва давлат васият намояд.
4. Васиятгар ҳуқуқ дорад бидуни тавзеҳи сабаб як ё якчанд нафар ё ҳамаи ворисонро тибқи қонун аз мерос маҳрум намояд. Аз мерос маҳрум намудани  ворис тибқи қонун ба наслҳои ояндаи ў, ки тибқи пешниҳод ҳуқуқи меросро доранд, дахл надорад, агар аз васиятнома тартиби дигаре барнаояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки моддаи 1171 ҳамин Кодекс пешбинӣ менамояд.
5. Меросгузор метавонад озодона васиятномаи тартибдодаашро дар вақти дилхоҳ баъди анҷом ёфтани он рад намояд ё тағйир диҳад ва дар ин ҳолат ўҳдадор нест, ки сабабҳои рад намудан ё тағйир додани онро нишон диҳад.
6. Меросгузор ҳуқуқ надорад ба зиммаи шахсоне, ки дар васиятнома таъин гардидаанд, дар навбати худ вазифаи ихтиёрдории амволи ба онҳо васиятшударо бо тартиби муайяне дар ҳолати вафот кардани онҳо вогузор намояд.
 
Моддаи 1151. Таъини ворисони иловагӣ
1. Васияткунанда метавонад барои ҳолатҳое, ки агар вориси дар васиятнома зикргардида то кушода шудани мерос фавтад ё меросро қабул накунад ё онро рад намояд ё аз мерос ҳамчун вориси ношоиста бартараф гардад (моддаи 1145 ҳамин Кодекс), дар васиятнома дигар ворисро таъин намояд (вориси иловагӣ).
2. Вориси иловагӣ ҳар шахсе шуда метавонад, ки мутобиқи моддаи 1144 ҳамин Кодекс ворис буданаш мумкин аст.
 
Моддаи 1152. Супориши васияткунандаи мерос (легат)
1. Васияткунанда ҳуқуқ дорад ба зиммаи ворис тибқи васиятнома аз ҳисоби мерос (супориши васияткунандаи мерос) ба манфиати як ё  якчанд шахс (меросгирандагон), ки ҳуқуқи талаб намудани иҷрои  супориши васияткунандаи меросро ба даст меоранд, анҷом додани ягон ўҳдадориро вогузорад.
Меросгирандагон  метавонанд шахсоне бошанд, ки ба шумораи ворисони тибқи қонун дохиланд ё дохил нестанд.
2. Мавзўи супориши васияткунандаи мерос метавонад барои меросгиранда ба моликият, истифода ё дигар ҳуқуқи амволӣ  додани ашёи шомили таркиби мерос, ба даст овардан ва ба ў додани амволи ба таркиби мерос шомилнабуда, барои ў иҷро намудани кори муайян, иҷрои ягон навъи хизматрасонии муайян ва ғайра бошад.
3. Ворисе, ки васияткунанда ба зиммаи ў супориши васияткунандаи меросро вогузоштааст, бояд онро дар доираи арзиши воқеии мероси ба ў гузашта ва аз ҳисоб баровардани ҳиссаи қарзи меросгузор ба ў иҷро кунад.
Агар вориси ба зиммааш супориши васияткунандаи мерос вогузошташуда дорои ҳуқуқи ҳиссаи ҳатмӣ ба мерос бошад, ўҳдадории ў оид ба иҷрои он дар доираи арзиши мероси ба ў гузашта, ки аз ҳиссаи ҳатмии ў бештар аст, маҳдуд карда мешавад.
Агар супориши васияткунандаи мерос ба зиммаи  ҳама ё якчанд ворисон гузошта шуда бошад, супориши васияткунандаи мерос ҳар кадоми онҳоро баробари ҳиссаашон дар мерос вазифадор менамояд, зеро дар васиятнома тартиби дигаре пешбинӣ нашудааст.
4. Васияткунанда ҳуқуқ дорад ба зиммаи ворисе, ки ба ў хонаи истиқоматӣ, квартира ё дигар бинои истиқоматӣ мегузарад, ўҳдадории ба дигар шахс фароҳам овардани истифодаи якумраи  ин бино ё як қисми  муайяни онро гузорад. Ҳангоми минбаъд гузаштани ҳуқуқи моликият ба бинои истиқоматӣ ҳуқуқи истифодаи якумра эътибори худро нигоҳ медорад.
Ҳуқуқи истифодаи якумраи бинои истиқоматӣ бегона карда намешавад, ба дигар кас дода намешавад  ва ба дигар ворисони  меросгиранда намегузарад.
Ҳуқуқи истифодаи якумраи бинои истиқоматӣ, ки ба  меросгиранда пешниҳод шудааст, агар дар васиятнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, барои   дар ҳамин бино истиқомат намудани аъзои оилаи ў асос шуда наметавонад.
5. Дар сурати фавти вориси ба зиммааш супориши васияткунандаи мерос вогузошташуда   ё аз ҷониби ў қабул накардани мерос иҷрои ўҳдадории супориши васияткунандаи мерос ба дигар ворисоне, ки ҳиссаи ўро гирифтаанд ё ба давлат мегузарад.
Супориши васияткунандаи мерос дар сурати фавти меросгиранда то  кушода шудани мерос ё баъди кушодани мерос, вале то лаҳзае, ки вориси тибқи васиятнома тавонад, онро қабул кунад, иҷро карда намешавад.
6. Меросгиранда оид ба қарзҳои меросгузор ҷавобгар намебошад.
 
          Моддаи 1153. Гузаштани супориши васияткунандаи мерос ба ворисон
Агар шахси гирандаи супориши васияткунандаи мерос баъди кушодани мерос фавтад, ки ба қабули супориши васияткунандаи мерос розигӣ надода буд, ҳуқуқи гирифтани ин супориши васияткунандаи мерос ба ворисони ў, ки ин васиятро қабул мекунанд, мегузарад.
Моддаи 1154. Мўҳлати иҷрои супориши васияткунандаи мерос
Шахси гирандаи супориши васияткунандаи мерос ҳуқуқ дорад иҷрои супориши васияткунандаи меросро дар доираи мўҳлати сесолаи мўҳлати даъво, ки аз рўзи кушода шудани мерос ба ҳисоб меравад, талаб намояд.
      Моддаи 1155. Базиммагузорӣ
         1. Васияткунанда метавонад ба зиммаи ворис тибқи васиятнома ўҳдадории анҷом додани ягон амал ё аз он худдорӣ намуданро вогузорад. Ҷиҳати анҷом додани мақсадҳои барои умум судманд   чунин ўҳдадорӣ мумкин аст ба иҷрочии васиятнома бо аз тарафи меросгузор ҷудо намудани як қисми амвол барои иҷрои базиммагузорӣ  дода шавад.
2. Базиммагузорӣ, ки мавзўи он фаъолияти  дорои хусусияти амволӣ мебошад, мутобиқан қоидаҳои моддаи 1152 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад.
3. Ўҳдадории иҷрои базиммагузорӣ ҳамон вақт қатъ мегардад, агар мутобиқи ҳамин Кодекс ҳиссаи мероси ба ворис пешбинишаванда ё дахлдошта, ки иҷрои базиммагузориро ба ўҳда  дошт, ба дигар ворисон гузарад.
Моддаи 1156. Меросгирии қисми амволе, ки васиятнокарда мондааст
1. Як қисми амволи меросгузор, ки васиятношуда мондааст, тибқи қонун ва бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 1165-1169 ҳамин Кодекс дар байни ворисон тақсим карда мешавад.
2. Ба ҳисоби ин ворисон инчунин ҳамон ворисон тибқи қонун дохил мешаванд, ки қисми дигари амвол бо васиятнома ба онҳо монда шуда буд.
 Моддаи 1157. Қоидаҳои умумии шакли васиятнома
1. Васиятнома бояд дар шакли хаттӣ бо нишон додани макон ва замони тартиб дода шудани он таҳия карда шавад.
2. Васиятномаҳои зерин, ки дар шакли хаттӣ тартиб дода шудаанд, эътироф карда мешаванд:
а) васиятномаҳое, ки ба таври нотариалӣ тасдиқ карда шудаанд;
б) васиятномаҳое, ки бо васиятномаҳои ба таври нотариалӣ тасдиқгардида баробар карда шудаанд.
3. Васиятнома бояд аз тарафи васияткунанда шахсан имзо гардад.
Агар васияткунанда бо сабаби нуқсони ҷисмонӣ, беморӣ ё бесаводӣ васиятномаро бо дасти худаш имзо карда натавонад, пас бо хоҳиши ў дар ҳузури нотариус ё шахси дигари мансабдор мутобиқи қонуни тасдиқкунандаи васиятнома мумкин аст аз тарафи шаҳрванди дигар бо нишон додани сабабҳо, ки васиятгар наметавонад васиятномаро бо дасти худаш имзо намояд, имзо карда шавад.
4. Агар мутобиқи Кодекси мазкур ҳангоми тартиб додан, имзо намудан ё тасдиқи васиятнома, ки бояд шоҳидон иштирок намоянд, пас дар ин сурат шахсони зерин шоҳид буда наметавонанд ва васиятномаро ба ҷои васияткунанда имзо карда наметавонанд:
а) нотариус ё шахси дигаре, ки васиятномаро тасдиқ менамояд;
б) ҳамсар, фарзандон, падару модар, набераю абераи шахсе, ки нисбати он васиятнома ё супориши васияткунандаи мерос таҳия ва тартиб дода мешавад ва ҳамчунин ворисони қонунии васиятгар;
в) шаҳрвандоне, ки ғайри қобили амал мебошанд;
г) шаҳрвандон ва шахсони дигар, ки қобилияти хондани васиятномаро надоранд;
д) шахсоне, ки барои нишондоди бардурўғ додан суд шудаанд.
Моддаи 1158. Васиятномаи ба таври нотариалӣ тасдиқшуда
1. Васиятномаи ба таври нотариалӣ тасдиқшударо бояд васиятгар нависад ё аз забони ў аз тарафи нотариус бо иштироки шоҳид навишта шавад. Нотариус ҳангоми навиштани васиятнома аз забони меросгузор метавонад воситаҳои техникии умумиқабулшударо (мошинкаи чопӣ, компютери шахсӣ ва ғайраро) истифода барад.
2. Васиятномае, ки нотариус аз забони васиятгар менависад, бояд онро ба васиятгар дар ҳузури нотариус ва шоҳид то ба имзо расонидани васиятнома пурра хонад.
Агар васияткунанда бо сабаби нуқсони ҷисмонӣ, беморӣ ё бесаводӣ шахсан васиятномаро хонда натавонад, пас матни онро шоҳид дар ҳузури нотариус мехонад ва дар ин бора бо нишон додани сабабҳое, ки васиятгар наметавонад шахсан васиятномаро хонад, дар васиятнома сабти дахлдор  карда мешавад.
3. Агар васиятномаи ба таври нотариалӣ тасдиқшуда дар ҳузури шоҳид тартиб дода шуда бошад, пас дар васиятнома бояд ному насаб, номи падар ва маҳалли зисти доимии шоҳид нишон дода шавад.
Ҳамчунин дар васиятнома нисбати шахсе, ки васиятномаро ба ҷойи васиятгар имзо намудааст, маълумот ворид карда мешавад.
4. Бо хоҳиши васияткунанда нотариус васиятномаро бидуни шинос шудан бо мазмуни он (васиятномаи махфӣ) тасдиқ менамояд.
Васиятномаи махфӣ аз хавфи беэътибор ҳисобидани он бояд дастӣ навишта шавад, васиятгар ба он имзо гузорад ва дар ҳузури ду шоҳид, натариус ба лифофа андохта, ширеш кунад ва шоҳидон ба он имзои худро гузоранд. Лифофае, ки шоҳидон имзо намудаанд, дар ҳузури шоҳидон ва нотариус ба лифофаи дигар андохта, ширеш карда мешавад ва дар он нотариус навиштаҷоти тасдиқкунандаро сабт менамояд.
Моддаи 1159. Васиятномаи бо васиятномаи ба таври нотариалӣ тасдиқшуда баробар
1. Васиятномаҳои зерин бо васиятномаҳои ба таври нотариалӣ тасдиқшуда баробар дониста мешаванд:
а) васиятномаи шаҳрвандоне, ки барои табобат дар беморхонаҳо, госпиталҳо, муассисаҳои табобатии статсионарии дигар мебошанд ё дар хонаи пиронсолону маъюбон зиндагӣ мекунанд ва сардухтурон ё муовинони онҳо оид ба қисми тиббӣ ё духтурони навбатдори ин беморхонаҳо, госпиталҳо ва муассисаҳои дигари табобатӣ ва ҳамчунин сардорони госпиталҳо, директорон ё сардухтурони хонаи пиронсолон ва маъюбон тасдиқ намудаанд;
б) васиятномаи шаҳрвандоне, ки ҳангоми шино кардан дар киштиҳои таҳти парчами кишвари киштии шинокунанда қарор доранд ва аз тарафи капитани ин киштиҳо тасдиқ шудаанд;
в) васиятномаи шаҳрвандоне, ки дар экспедитсияҳои кашфиётӣ, арктикӣ ё экспедитсияҳои дигар буда аз тарафи сардорони ин экспедитсияҳо тасдиқ гардидаанд;
г) васиятномаи хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо ва дар нуқтаҳои ҷойгиршавии қисмҳои ҳарбӣ, ки нотариусҳо нестанд ва ҳамчунин васиятномаи шахсони мулкӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки дар ин қисмҳои ҳарбӣ кор мекунанд ва аз тарафи командирони қисмҳои ҳарбӣ тасдиқ шудаанд;
д) васиятномаи шахсоне, ки дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ҳастанд ва аз тарафи сардорони маҳали маҳрум сохтан аз озодӣ тасдиқ шудаанд;
е) васиятномаи шахсоне, ки дар маҳалҳои алоҳидаи аҳолинишин зиндагӣ мекунанд ва нотариус нест, аз тарафи шахси роҳбарикунандаи мақоми иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё худидоракунии маҳаллӣ тасдиқ шудаанд.
2. Васиятномае, ки ба қисми 1 ҳамин модда дахл дорад, бояд аз тарафи васиятгар дар ҳузури шоҳид имзо карда шавад, ки шоҳид ҳам онро имзо мекунад.
Дар ҳолатҳои дигар ба ҳамин гуна васиятномаҳо мутобиқан қоидаҳои моддаи 1158 ҳамин Кодекс ба истиснои талабот оид ба васиятномаҳои ба таври нотариалӣ тасдиқгардида татбиқ карда мешавад.
Моддаи 1160. Бекор кардан ва тағйир додани васиятнома
         1. Васияткунанда ҳуқуқ дорад ҳар вақт васиятномаро бекор ё тағйир диҳад.
         2. Васиятнома мумкин аст бо роҳҳои зерин бекор карда шавад:
         а) бо роҳи додани ариза ба мақомоти нотариалӣ дар хусуси пурра бекор намудани васиятномаи  пештар тартибдодашуда;
         б) ҳангоми тартиб додани васиятномаи нав.
         3. Васиятнома мумкин аст бо роҳҳои зерин тағйир дода шавад:
         а) бо роҳи додани ариза ба мақомоти нотариалӣ дар хусуси ворид намудани тағйирот ба қисми муайяни васиятномаи пештар тартибдодашуда;
         б) ҳангоми тартиб додани васиятномаи нав, ки ба як қисми васиятномаи пештара тағйирот ворид менамояд.
         4. Васиятномаи пештар тартибдодашуда, ки бо васиятномаи минбаъда пурра ё қисман бекор карда шудааст, барқарор карда намешавад, агар ин васиятнома дар навбати худ аз тарафи шахси васиятгар бекор карда нашавад ё ба он тағйирот ворид карда нашавад.
          Моддаи 1161. Махфӣ будани васиятнома
         Нотариус, шахси дигаре, ки васиятномаро тасдиқ намудааст, шоҳидон ва ҳамчунин шаҳрванде, ки васиятномаро ба ҷойи васиятгар имзо намудааст, то кушодани мерос ҳуқуқ надорад маълумоти ба мазмуни васиятнома, тартиб додан, бекор кардан ва тағйир додани он дахлдоштаро ошкор намояд.
     Моддаи 1162. Шарҳи васиятнома
       Ҳангоми шарҳи васиятнома аз тарафи нотариус, иҷрокунандаи васиятнома ё суд маънои асосии калимаю ибораҳои дар он буда ба эътибор гирифта мешавад. Ҳангоми дақиқ набудани маънои баъзе муқаррароти васиятнома он ба тартиби муқоисаи ин муқаррарот бо муқаррароти дигар ва маънои пурраи васиятнома муқаррар карда мешавад.
     Моддаи 1163. Беэътибор будани васиятнома
         1. Васиятномае, ки дар шакли номатлуб тартиб дода шудааст, беэътибор мебошад. Беэътибории васиятнома ҳамчунин ба қоидаҳои ҳамин Кодекс дар хусуси беэътибор будани аҳдҳо асос меёбад.
2. Беэътибор будани мазмуни алоҳидаи фармоишҳои дар васиятнома буда ба эътиборнокии қисмати дигари васиятнома дахл надорад.
3. Дар ҳолати беэътибор донистани васиятнома вориси тибқи ҳамин васиятнома аз мерос маҳрумгардида ҳуқуқ пайдо мекунад, ки дар асосҳои умумӣ ба мерос соҳиб шавад.
      Моддаи 1164. Иҷрои васиятнома
1. Васиятгар метавонад иҷрои васиятномаро ба шахси дар васиятнома зикргардида, ки ворис намебошад (иҷрокунандаи васиятнома) супорад. Розигии ин шахс барои иҷрокунандаи васиятнома будан бояд бо хатти худаш дар худи васиятнома ё аризае, ки ба васиятнома замима шудааст, сабт шуда бошад.
Ворисон дар мувофиқа байни ҳамдигар ҳуқуқ доранд иҷрои васиятномаро ба яке аз ворисон ё шахси дигар супоранд. Ҳангоми ба ҳамин гуна созиш нарасидан бо талаби як ё якчанд ворисон суд метавонад иҷрокунандаи васиятномаро таъин намояд.
Иҷрокунандаи васиятнома ҳар вақт ҳуқуқ дорад бо пешакӣ хабардор намудани ворисони васиятнома аз иҷрои ўҳдадориҳои ба зимааш гузошташуда даст кашад. Ҳамчунин мутобиқи даъвои ворисон имкон дорад, ки иҷрокунандаи васиятнома бо қарори суд аз иҷрои ўҳдадориҳояш озод карда шавад.
2. Иҷрокунандаи васиятнома метавонад шахси қобили амал  бошад.
3. Иҷрокунандаи васиятнома бояд:
а) ҳифзи мерос ва идораи онро анҷом диҳад;
б) барои хабардор намудани ҳамаи меросхўрон ва васияти меросгирифтагон дар хусуси кушодани мерос ва супориши васияткунандаи мерос ва фоидаи онҳо ҳамаи чораҳои имконпазирро андешад;
в) мутобиқи иродаи васиятгар ва қонун ба ворисон ҳиссаи ба онҳо дахлдоштаи амволро диҳад;
г) аз тарафи ворисон иҷро гардидани супориши васияткунандаи меросро, ки ба зиммаи онҳо гузошта шудааст, таъмин намояд;
д) базиммагузории васиятномавиро иҷро намояд ё аз ворисони васиятномавӣ иҷрои ба зиммагузории васиятномавиро талаб намояд.
4. Иҷрокунандаи васиятнома ҳуқуқ дорад аз номи худаш дар суд ва корҳои дигари вобаста ба ҳифзи мерос, идораи он ва иҷрои васиятнома баромад намояд ва ҳамчунин метавонад барои иштирок дар ҳамин гуна корҳо ҷалб карда шавад.
5. Иҷрокунандаи васиятнома вазифаҳои худро дар давоми мўҳлати зарурӣ барои тоза намудани мерос аз қарз, ситонидани маблағҳои ба шахси меросгузор дахлдошта ва аз тарафи ворисон соҳибӣ намудани мерос анҷом медиҳад.
6. Иҷрокунандаи васиятнома барои аз ҳисоби мерос ҷуброн кардани хароҷоти зарурии вобаста ба ҳифз, идора ва иҷрои мерос ҳуқуқ дорад. Дар васиятнома мумкин аст ба иҷрокунандаи васиятнома пардохти подош аз ҳисоби мерос пешбинӣ шавад.
7. Иҷрокунандаи васиятнома ҳангоми анҷом додани иҷрои васиятнома бо талаби ворисон ўҳдадор аст, ки ҳисобот пешниҳод намояд.
Боби 60. Меросгирӣ мутобиқи қонун
Моддаи 1165. Муқаррароти умумӣ
1. Ворисони қонунӣ ба меросгирӣ бо навбат тибқи муқаррароти моддаҳои 1166-1168 ҳамин Кодекс даъват карда мешаванд.
2. Ҳангоми меросгирии қонунӣ фарзандхондшуда ва наслҳои он, аз як тараф ва фарзандхонда ва хешовандони ў, аз тарафи дигар бо хешони хунӣ баробар ҳисоб карда мешаванд.
Фарзандхондшудагон ва наслҳои онҳо баъди вафоти падару модари фарзандхоншуда ва хешони дигари ҳамхуни ў мутобиқи қонун мерос намегиранд.
Падару модари фарзандхондшуда ва дигар хешони ҳамхуни  аждодии ў тибқи қонун баъди вафоти фарзандхондшуда ва наслҳои ў мерос намегиранд.
3. Ворисони қонунии ҳар як навбат дар ҳолати набудани ворисони навбати пешина, бартараф намудани онҳо аз мерос, аз тарафи онҳо қабул нагардидани мерос ё даст кашидан аз он ҳуқуқ ба мерос доранд.
4. Меъёрҳои ҳамин Кодекс оид ба навбат даъват кардани вориси қонунӣ ба мерос ва оид ба андозаи ҳиссаи онҳо ба мерос мумкин аст бо созишномаи аз тариқи нотариалӣ тасдиқшудаи ворисони манфиатдор, ки баъди кушодани мерос баста шудааст, тағйир дода шавад. Чунин созишнома набояд ба ҳуқуқи ворисони дар он иштирокнадошта, инчунин ворисоне, ки ба ҳиссаи ҳатмӣ ҳуқуқ доранд, дахолат кунад.
Моддаи 1166. Навбати аввали ворисони қонунӣ
1. Дар навбати аввал мероси қонуниро бо ҳиссаи баробар фарзандон (аз ҷумла фарзандхоншудагон), ҳамсарон ва падару модар, фарзандхондагони  меросгузор ва ҳамчунин кўдакони шахси вафоткарда, ки баъди вафоти ў  таваллуд шудаанд, мегиранд.
2. Наберагони меросгузор ва наслҳои онҳо бо ҳуқуқи пешниҳод мерос мегиранд.
Моддаи 1167. Навбати дуюми ворисони қонунӣ
1. Ҳангоми набудани меросгирони навбати якум ҳуқуқи вориси қонуниро дар навбати дуюм бо ҳиссаи баробар бародару хоҳарони меросгузор ва ҳамчунин бобою бибӣ ҳам аз тарафи модар ва ҳам аз тарафи падар мегиранд.
2. Фарзандони бародару хоҳарони меросгузор (ҷиянҳои меросгузор) бо ҳуқуқи пешниҳод мерос мегиранд.
Моддаи 1168. Навбати сеюми ворисони қонунӣ
1. Ҳангоми набудани меросгирони навбатҳои якум ва дуюм ҳуқуқи меросгирии қонуниро дар навбати сеюм бо ҳиссаи баробар бародару хоҳарони падару модари (тағо, амак, хола ва амма) меросгузор мегиранд.
2. Духтару писарони амма, хола, тағо ва амаки меросгузор бо ҳуқуқи пешниҳод ба мерос ҳуқуқ доранд.
Моддаи 1169. Меросгирӣ бо ҳуқуқи пешниҳод
1. Ҳиссаи вориси қонуние, ки то кушода шудани мерос ва ё дар як вақт бо меросгузор вафот кардааст, бо ҳуқуқи пешниҳод ба наслҳои дахлдори ў мегузарад ва дар ҳолатҳои пешбиникардаи қисми 2 моддаҳои 1166, 1167 ва 1168 Кодекси мазкур бошад, байни онҳо баробар тақсим карда мешавад.
2. Наслҳои вориси меросгузоре, ки онҳоро ў қонунан аз ворисӣ маҳрум кардааст, бо ҳуқуқи пешниҳод мерос гирифта наметавонанд.
3. Наслҳои ворисе, ки то кушода шудани мерос ва ё дар як вақт бо меросгузор вафот кардааст ва мутобиқи талаботи моддаи 1145 ҳамин Кодекс ҳуқуқи гирифтани меросро надошт, бо ҳуқуқи пешниҳод мерос гирифта наметавонанд.
 
Моддаи 1170. Мўҳтоҷони корношоями меросгузор
        1. Ба шумораи ворисони қонунӣ шахсони корношояме дохил мешаванд, ки дар мўҳлати на камтар аз як соли то фавти меросгузор таҳти таъминоти ў қарор дошта, бо ў якҷоя зиндагӣ мекарданд. Ҳангоми тибқи Қонун мавҷуд будани ворисони дигари онҳо якҷоя бо ворисони ҳамон навбате, ки ба меросгирӣ даъват шудаанд, мерос мегиранд.
2. Шахси корношоям, ки ба шумораи ворисони қонунӣ дар моддаҳои 1167-1168 нишон додашудаи ҳамин Кодекс дохил шуда, вале ба доираи ҳамон ворисони навбати ба меросгирӣ даъватшуда шомил нестанд, агар на камтар аз як соли то фавти меросгузор, сарфи назар аз зиндагии якҷоя бо меросгузор дар таъминоти ў бошанд, якҷоя бо ҳамин навбат мерос мегиранд.
Моддаи 1171. Ҳуқуқ ба ҳиссаи ҳатмии мерос
1. Кўдакони ба балоғат нарасида ва ғайриқобили меҳнати  васиятгар ва ҳамчунин падару модар (падархонду модархонд), ҳамсари ғайри қобили меҳнат сарфи назар аз мазмуни васиятнома, на камтар аз се ду ҳиссае, ки ба ҳар яки онҳо ҳангоми мероси қонунӣ (ҳиссаи ҳатмӣ) тааллуқ дошт, мерос мегиранд.
2. Ба ҳиссаи ҳатмӣ ҳамаи он чизе, ки вориси ба чунин ҳисса ҳуқуқдошта дар ин ё он асос мегирад, аз ҷумла арзиши амвол, ки аз ашёю таҷҳизоти оддии хона иборат аст ва арзише, ки ба фоидаи ҳамин гуна вориси супориши васияткунандаи мерос муқаррар карда буд, ҳисоб карда мешавад.
3. Ҳама гуна маҳдудкунӣ ва вазнинкунӣ, ки дар васиятнома барои вориси ба ҳиссаи ҳатмии мерос ҳуқуқдошта муқаррар гардидааст, танҳо ба он ҳиссаи мероси ба ҳисоби ў гузаранда дахл дорад, ки аз ҳиссаи ҳатмӣ зиёд мебошад.
Моддаи 1172. Ҳуқуқи ҳамсарон ҳангоми меросгирӣ
1. Ҳуқуқи мероси тариқи васиятнома ё қонун ба ҳамсарон (зан ё шавҳар) дахлдошта ба ҳуқуқҳои дигари амволии онҳо, ки бо ҳолати дар никоҳ будан бо меросгузор, аз ҷумла ҳуқуқи моликият ба як қисми амволи дар никоҳи якҷоя ба даст омадааст, дахл надорад.
2. Ҳамсари бо қарори суд талоқгирифта мумкин аст аз мероси қонунӣ барканор карда шавад, ба истиснои мерос дар асоси моддаи 1171 ҳамин Кодекс, агар ворисони дигари қонунӣ исбот намоянд, ки никоҳ бо  меросгузор воқеан то кушода шудани мерос қатъ гардида буд ва ҳамсарон дар давоми на камтар аз 3 сол то кушода шудани мерос ҷудо зиндагӣ мекарданд.
Моддаи 1173. Ҳифзи мерос ва идораи он ҳангоми мероси қонунӣ
1. Дар ҳолате, ки агар як қисми амвол тариқи васиятнома ба мерос гузарад, иҷрокунандаи васиятнома, ки васиятгар таъин намудааст, ҳифзи ҳамаи мерос ва идораи онро, аз ҷумла он қисмати меросро, ки бо тартиби мероси қонунӣ мегузарад, анҷом медиҳад.
Иҷрокунандаи васиятнома, ки мутобиқи қисми 1 моддаи 1164 ҳамин Кодекс вориси васиятномавӣ ё аз тарафи суд таъин шудааст, вазифаи ҳифзи ҳамаи мерос ва идоракунии ваколатии онро анҷом медиҳад, агар ворисони қонунӣ таъини идоракунандаи меросро барои иҷрои вазифаҳои номбаршуда, ки барои қисмати мероси бо тартиби мероси қонунӣ гузаранда татбиқ мешавад, талаб накунанд.
2. Идоракунандаи ваколатии мерос бо хоҳиши як ё якчанд ворисони қонунӣ ё бо талаби кредитори меросгузор дар ҷои кушодани мерос аз тарафи нотариус таъин карда мешавад. Агар вориси қонунӣ ё кредитори  меросгузор бо таъини идоракунандаи мерос розӣ набошанд, ҳуқуқ доранд таъини идоракунандаи меросро дар суд баҳс кунанд.
3. Агар ворисони қонунӣ набошанд ё номаълум бошанд, мақоми иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд бо хоҳиши оид ба таъини идоракунандаи мерос ба нотариус муроҷиат намояд. Дар ҳолати ҳозир гардидани ворисони қонунӣ идоракунандаи мерос мумкин аст бо талаби онҳо бо баргардонидани хароҷоти ба ў зарурӣ ва пардохтани мукофот аз ҳисоби мерос бозхонда шавад.
4. Идоракунандаи мерос ваколатҳои пешбининамудаи моддаи 1164 ҳамин Кодексро, ки нисбати иҷрокунандаи васиятнома татбиқ карда мешавад, анҷом медиҳад, чунки чизи дигаре аз махсусияти мероси қонунӣ барнамеояд.
5. Идоракунандаи мерос ҳуқуқи ҷуброни хароҷоти заруриро оид ба ҳифзи мерос ва идораи он дорад, агар тартиби дигареро созишномаи ў бо ворисон ва ҳамчунин барои мукофот пешбинӣ накунад.
Боби 61. Қабул ва даст кашидан аз мерос
Моддаи 1174. Қабули мерос
1. Барои соҳиб шудан ба мерос ворис ҳуқуқ дорад онро қабул намояд. Қабули мерос бо ягон шарт ё эзоҳот иҷозат дода намешавад.
2. Ҳамон вақт аз тарафи ворис мерос қабулгардида эътироф мешавад, ки агар ў воқеан ба соҳибияти амволи меросӣ шурўъ намояд ё вақте ки ў ба мақоми нотариати маҳали кушода шудани мерос дар хусуси қабули мерос ариза диҳад.
3. Амалҳои дар ҳамин модда нишондодашуда бояд дар давоми шаш моҳ аз рўзи кушода шудани мерос ба анҷом расонида шаванд.
4. Шахсоне, ки барои онҳо ҳуқуқи ворисӣ танҳо дар ҳолати қабул накардани мерос аз тарафи ворисони дигар ба миён меояд, метавонанд дар хусуси розигии қабули мерос дар давоми мўҳлати боқимондаи қабули мерос эълон намоянд ва агар ин мўҳлат аз се моҳ кам бошад, пас он то се моҳ дароз карда мешавад.
5. Қабули мерос аз рўзи кушодашавии мерос ба ворис тааллуқдошта эътироф карда мешавад.
 
Моддаи 1175. Ба ворисон гузаштани ҳуқуқи гирифтани ҳиссаи мерос (трансмиссияи ворисӣ)
1. Агар ворис баъди кушода шудани мерос онро дар мўҳлати муқарраргардида қабул нокарда фавтида бошад, дар ин сурат ҳуқуқи гирифтани ҳиссаи мерос ба ворисони ў мегузарад (трансмиссияи ворисӣ).  Ворисони вориси фавтида меросро бояд дар ҷараёни мўҳлати то охири мўҳлати қабули мерос боқимонда қабул кунанд. Агар ин мўҳлат камтар аз се моҳ бошад, пас он бояд то се моҳ дароз карда  шавад.
2. Ҳангоми даст кашидан аз гирифтани амвол тибқи трансмиссияи ворисӣ амвол ба дигар ворисон мегузарад.
Моддаи 1176. Додани шаҳодатномаи ҳуқуқи меросгирӣ
1. Нотариуси маҳалли кушодани мерос ўҳдадор аст, ки бо хоҳиши ворис ба ў шаҳодатномаи ҳуқуқи меросгириро диҳад.
2. Шаҳодатномаи ҳуқуқи меросгирӣ баъди гузаштани шаш моҳ аз рўзи кушодашавии мерос дода мешавад.
Ҳангоми меросгирии қонунӣ ё тибқи васиятнома шаҳодатнома мумкин аст то гузаштани мўҳлати нишондодашуда дода шавад, агар нотариус маълумоти дақиқ дошта бошад, ки ба ғайр аз шахси барои шаҳодатнома муроҷиаткарда вобаста ба  амволи дахлдор ё ҳамаи мерос ворисони дигар надошта бошанд.
Моддаи 1177. Дароз намудани мўҳлат барои қабули мерос
Мўҳлати қабули мерос, ки дар моддаи 1174 ҳамин Кодекс муқаррар карда шудааст, мумкин аст ҳангоми аз тарафи суд эътироф намудани сабаби узрноки гузаронидани мўҳлат дароз карда шавад.
Дар ин ҳолатҳо ба ворисе, ки мўҳлати қабули меросро гузаронидааст, танҳо он қисми амволи ба ў мансуббуда, ки ворисони дигар қабул намудаанд ё ба давлат гузаштааст ва дар шакли аслӣ нигоҳ дошта шудааст ва ҳамчунин маблағҳое, ки аз фурўши қисмати дигари амволи ба ў мансуббуда ба даст омадааст, дода мешавад.
Моддаи 1178. Имконнопазирии ихтиёрдории мерос
Ворисе, ки ҳузури дигар ворисонро мунтазир нашуда, ба ихтиёрдории мерос ё идораи он шурўъ намудааст, ба истиснои хароҷоти дафн, таъминоти шахси таҳти парастории (хўрандагон) меросгузор қарордошта, ҳуқуқ надорад то гузашти шаш моҳ аз рўзи кушода шудани  мерос ё то гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба ворисӣ меросро ихтиёрдорӣ намояд.
Моддаи 1179. Ҳуқуқи аз мерос даст кашидан
1. Ворис ҳуқуқ дорад дар давоми шаш моҳ аз рўзе, ки ў дар бораи ба меросгирӣ даъват шуданаш донист ё бояд медонист, аз мерос даст кашад. Ҳангоми мавҷуд будани сабабҳои узрнок ин мўҳлатро мумкин аст суд дароз намояд, аммо на бештар аз ду моҳ.
2. Даст кашидан аз мерос тариқи пешниҳоди ариза ба нотариуси маҳалли кушода шудани мерос аз тарафи ворис анҷом дода мешавад.
Даст кашидан аз мерос тариқи намоянда мумкин аст, агар дар ваколатнома барои ҳамин гуна радкунӣ махсус ваколат пешбинӣ шуда бошад.
3. Дасткашӣ аз мерос минбаъд аз эътибор соқит дониста ё бозхонда намешавад.
4. Ворис бо гузашти вақти ба ў пешниҳодшуда ҳуқуқи даст кашидан аз меросро гум мекунад. Ў ин ҳуқуқро ҳамчунин то гузаштани мўҳлати нишондодашуда гум мекунад, агар ба ихтиёрдории амволи меросӣ шурўъ карда бошад ё онро ихтиёрдорӣ карда бошад, ё барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи ў ба ин моликият муроҷиат намуда бошад.
Моддаи 1180. Маҳдудкунии ҳуқуқи дасткашӣ аз мерос
1. Агар ворис ҳам бо васиятнома ва ҳам бо Қонун ба меросгирӣ даъват шавад, ў ҳуқуқ дорад аз мероси ба ў мансубшаванда бо яке аз ин асосҳо ё бо ҳардуи ин асосҳо даст кашад.
2. Ворис ҳуқуқ дорад аз мероси ба ў мансубшаванда тибқи ҳуқуқи афзоишдиҳӣ (моддаи 1148 ҳамин Кодекс) сарфи назар аз меросгирии қисмати дигари мерос даст кашад.
3. Ҳангоми даст кашидан аз мерос ворис ҳуқуқ дорад нишон диҳад, ки ў ба фоидаи шахсони дигар аз ҳисоби ворисони васиятномавӣ ё тибқи Қонун даст мекашад.
4. Даст кашидан аз мерос ба фоидаи ворисони аз тарафи васиятгар аз мерос маҳрумшуда ё ворисони ношоиста иҷозат дода намешавад.
5. Ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин модда даст кашидан аз қисми мерос, аз мерос бо эзоҳот ё бо шарт иҷозат дода намешавад.
         Моддаи 1181. Ҳуқуқи даст кашидан аз гирифтани супориши васияткунандаи мерос
1. Меросгир ҳуқуқ дорад аз супориши васияткунандаи мерос даст кашад. Қисман даст кашидан аз супориши васияткунандаи мерос, даст кашидан аз он бо эзоҳот, ба шарте ё ба фоидаи шахси дигар иҷозат дода намешавад.
2. Агар меросгиранда  аз ҳуқуқи дар ҳамин модда пешбинишуда истифода барад, вориси ба супориши васияткунандаи мерос водоргардида аз ўҳдадории иҷрои он озод карда мешавад.
Моддаи 1182.Тақсими мерос
1. Ҳар як вориси қонунӣ, ки меросро қабул кардааст, ҳуқуқ дорад тақсими меросро талаб намояд.
2. Тақсими мерос бо мувофиқаи ворисон тибқи ҳиссаҳои ба онҳо мансубшаванда ва ҳангоми набудани мувофиқа бо тартиби судӣ анҷом дода мешавад.
3. Қоидаҳои ҳамин модда ба тақсими мерос байни ворисони васиятномавӣ дар ҳолатҳое, ки агар ҳамаи мерос ё як қисми он ба ворисон ба ҳиссаҳо бе нишон додани амволи мушаххас васият шуда бошад, татбиқ карда мешавад.
Моддаи 1183. Ҳуқуқи ворисони ғоиб
1. Агар дар байни ворисон шахсоне бошанд, ки маҳали буду боши онҳо номаълум бошад, ворисони дигар, иҷрокунандаи васиятнома (идоракунандаи мерос) ва нотариус ўҳдадоранд барои муқаррар намудани  маҳали буду бош ва даъвати онҳо ба мерос тадбирҳои зарурӣ андешанд.
2. Агар вориси ғоиб, ки ба мерос даъват шудааст, маҳали буду бошаш  муқаррар шуда бошад ва дар давоми  мўҳлати пешбининамудаи моддаи 1179 ҳамин Кодекс аз мерос даст накашида бошад, ворисони дигар ўҳдадоранд, ки дар хусуси нияти худ оид ба тақсими мерос ба ў хабар диҳанд.
3. Агар дар давоми се моҳ аз лаҳзаи хабардиҳии дар қисми 2 моддаи мазкур  муқарраргардида вориси ғоиб ворисони дигарро дар бораи хоҳиши худ оид ба иштирок намудан дар созишномаи тақсими мерос хабардор накунад, ворисони дигар ҳуқуқ доранд бо созишномаи байниҳамдигарӣ меросро тақсим кунанд ва ҳиссаи ба вориси ғоиб мансуббударо ҷудо намоянд.
4. Агар дар давоми шаш моҳ аз рўзи кушодани мерос маҳали буду боши вориси ғоиб муқаррар нагардида бошад ва дар бораи аз тарафи ў рад намудани мерос маълумоте набошад, ворисони дигар ҳуқуқ доранд бо қоидаҳои қисми 2 ҳамин модда тақсими меросро анҷом диҳанд.
5. Ҳангоми мавҷуд будани ҳамл, вале ҳанўз таваллуд нашудани ворис тақсими амвол метавонад танҳо баъди таваллуди чунин ворис сурат гирад.
Агар ҳамл, вале вориси ҳанўз таваллуднашуда зинда ба дунё ояд, ворисони боқимонда ҳуқуқ доранд тақсими меросро танҳо бо ҷудо намудани ҳиссаи мероси ба ў марбута анҷом диҳанд. Барои ҳифзи манфиатҳои навзод дар тақсими мерос бояд намояндаи мақоми васоят ва парасторӣ даъват карда шавад.
Моддаи 1184. Меросгирии корхона
Агар дар созишномаи ҳамаи онҳое, ки меросро қабул кардаанд, тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, корхонаи (моддаи 144 ҳамин Кодекс) ба ҳайати мерос дохилшаванда дар шакли асл тақсим карда намешавад ва тибқи ҳиссаи ба онҳо мансуббуда ба моликияти умумии ҳиссавии ворисон ворид мешавад.
Моддаи 1185. Ҳуқуқи бартарии ворисони алоҳида ба амволи ба мерос воридшаванда
1. Ҳангоми тақсими мерос ворисоне, ки дар давоми сол то кушодашавии мерос якҷоя бо меросгузор зиндагӣ мекарданд, барои аз ҳайати мерос гирифтани хонаи истиқоматӣ, ҳуҷра ё бинои дигари истиқоматӣ ва ҳамчунин асбобу ашёи хона ҳуқуқи бартарӣ доранд.
2. Ҳангоми тақсими мерос ворисоне, ки ҳамроҳи меросгузор ҳуқуқи моликияти умумӣ ба амвол доранд, барои гирифтани амволи дар ҳайати мерос буда, ки  ба моликияти умумӣ дохил мешавад, дар шакли аслӣ  ҳуқуқи бартарӣ доранд.
3. Ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқи бартарии дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда нишондодашуда бояд манфиатҳои амволии ворисони дигари дар тақсимот ширкаткунанда риоя карда шаванд. Агар дар натиҷаи амалӣ намудани ин ҳуқуқҳо амволе, ки меросро ташкил медиҳад, барои пешниҳод ба ворисони соҳиби ҳисса кам бошад, пас вориси татбиқкунандаи ҳуқуқи бартарӣ бояд ба онҳо ҷуброни дахлдори пулӣ ё амволӣ намояд.
Моддаи 1186. Хароҷоте, ки аз ҳисоби мерос бояд пардохта шавад
Аз ҳисоби мерос то тақсими он байни ворисон бояд дархости баргардонидани хароҷоти зарурии бо сабаби бемории пеш аз вафоти  меросгузор ба миёномада, хароҷоти дафни меросгузор, хароҷоти вобаста ба гирифтани мерос, ҳифзи он, идораи он ва иҷрои васиятнома ва ҳамчунин пардохти мукофот ба иҷрочии васиятнома ё ба идоракунандаи мерос қонеъ гардонида шавад. Ин дархост бояд аз арзиши мерос пештар аз дигар дархостҳо, аз ҷумла дархостҳое, ки бо гарав ё замонатҳои дигар таъмин карда шудаанд, қонеъ карда шаванд.
Моддаи 1187. Аз тарафи кредиторҳо рўёнидани қарзҳои меросгузор
Кредиторони меросгузор ҳуқуқ доранд талаботи худро, ки аз ўҳдадориҳои меросгузор бармеояд ба иҷрочии васиятнома, идоракунандаи мерос ё ворисон пешниҳод намоянд. Ворисон ҳамчун қарздорони муштарак дар доираи арзиши амволи ба ҳар яки онҳо гузошта ҷавоб медиҳанд.
Моддаи 1188. Мўҳлати пешниҳоди талаботи кредиторҳо
1. Кредиторҳои меросгузор дар давоми шаш моҳ аз рўзи кушодашавии мерос, бояд ба ворисоне, ки меросро қабул намудаанд, талаботро сарфи назар аз мўҳлати шурўи талабот пешниҳод намоянд.
2. Мўҳлати дар қисми 1 ҳамин модда муқарраргардида мумкин аст аз тарафи суд дароз карда шавад, агар суд сабаби гузаронидани мўҳлатро узрнок эътироф намояд.
3. Риоя нагардидани ин қоидаҳо кредиторонро ба гум кардани ҳуқуқи талабот меорад.
Боби 62. Ҳифзи амволи меросӣ
Моддаи 1189. Чораҳо оид ба  ҳифзи амволи меросӣ
Барои ҳифзи манфиатҳои ворисони ғоиб қабулкунандаи супориши васияткунандаи мерос ва манфиатҳои оммавӣ, нотариус ё мақоми ба он баробар кардашудаи маҳали кушодани мерос бо ташаббуси шахсони манфиатдор, иҷрокунандаи васиятнома ё бо ташаббуси худ чораҳои заруриро оид ба ҳифзи мерос то қабули мерос аз тарафи ҳамаи ворисон меандешад.
Моддаи 1190. Ўҳдадории мақоми нотариалӣ ё мақоми ба он баробаркардашуда  оид ба  ҳифзи мерос
Агар мерос ё як қисми он дар маҳалли кушодани мерос набошад, мақоми нотариалӣ ё мақоми ба он баробаркардашуда ба мақоми нотариалӣ ё мақоми ба он баробаркардашудаи маҳалли воқеъ гардидани амвол барои қабули чораҳо ҷиҳати ҳифзи ин амвол супориш медиҳад.
Фасли VII
Ҳуқуқи хусусии байналмилалӣ
Боби 63. Муқаррароти умумӣ
         Моддаи 1191. Муайян кардани ҳуқуқҳое, ки бояд дар муносибатҳои  шаҳрвандию ҳуқуқии бо унсурҳои хориҷӣ мураккабгардида татбиқ шаванд
1. Ҳуқуқи бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ё унсурҳои хориҷии дигар мураккабгардида, ки бояд ба муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ татбиқ карда шаванд, дар асоси ҳамин Кодекс, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст ва анъанаҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф мекунад ва ҳамчунин дар асоси созишномаи тарафҳо муайян карда мешавад.
2. Агар мутобиқи қисми 1 ҳамин модда муайян кардани ҳуқуқе, ки бояд татбиқ карда шавад, ғайриимкон бошад, ҳуқуқи нисбатан бо муносибатҳои шаҳрвандию ҳуқуқӣ вобастаи бо ҷузъиёти хориҷӣ мураккабгардида татбиқ карда мешавад.
3. Меъёрҳои фасли мазкур дар хусуси муайян намудани ҳуқуқе, ки бояд аз тарафи суд татбиқ карда шавад, мутобиқан аз тарафи мақомоти дигари дорои ваколати ҳаллу фасли масъалаи татбиқи ҳуқуқ татбиқ карда мешавад.
4. Татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи хориҷӣ наметавонад танҳо дар асоси он ки меъёри мазкур хусусияти оммавию ҳуқуқӣ дорад, маҳдуд карда шавад.
Моддаи 1192. Бандубасти мафҳумҳои ҳуқуқӣ (бандубасти   ҳуқуқӣ)
1. Суд ё мақомоти дигари ваколатдор бандубасти мафҳумҳои ҳуқуқиро (бандубасти ҳуқуқӣ) ба тафсири он тибқи ҳуқуқи кишвари суд асоснок мекунад, агар тартиби дигареро қонунҳо пешбинӣ накарда бошанд.
2. Агар мафҳуми ҳуқуқӣ ба ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон номаълум бошад ё бо номи дигар ё бо мазмуни дигар маълум буда, тибқи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон тафсири онро муайян намудан мумкин набошад, пас ҳангоми бандубасти мафҳумҳои ҳуқуқӣ (бандубасти ҳуқуқӣ) мумкин аст ҳамчунин ҳуқуқи кишвари хориҷӣ татбиқ карда шавад.
Моддаи 1193. Муқаррар намудани мазмуни меъёри  ҳуқуқи хориҷӣ
1. Суд ё мақоми дигари ваколатдор ҳангоми татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ мазмуни меъёрҳои онро тибқи тафсири расмӣ, таҷрибаи татбиқ ва доктрина дар давлати хориҷии дахлдор муқаррар мекунад.
2. Суд бо мақсади муқаррар намудани мазмуни меъёрҳои ҳуқуқи хориҷӣ метавонад бо тартиби муқарраргардида барои ҳамкорӣ ва тафсир ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоту ташкилоти дигари ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба хориҷа муроҷиат намояд ё ин ки экспертҳоро ҷалб кунад.
3. Шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд, ҳуқуқи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мазмуни меъёрҳои ҳуқуқи хориҷиро доранд, ки онҳо аз он ба асоснокии талабот ё эътирози худ иқтибос меоранд ё ба тарзи дигар ба суд барои муқаррар намудани мазмуни ин меъёрҳо мусоидат мекунанд.
Бо дархостҳои вобаста аз ҷониби тарафҳо амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ, вазнинии исботи масъулияти меъёрҳои ҳуқуқи хориҷӣ мумкин аст аз ҷониби суд ба тарафҳо вогузор карда шавад.
4. Агар мазмуни меъёрҳои ҳуқуқи хориҷӣ новобаста аз чораҳои дидашаванда тибқи ҳамин модда муқаррар карда нашавад, ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.
Моддаи 1194. Ҳаволаи бозгашт ва ҳавола ба ҳуқуқи кишвари сеюм
1. Ҳама гуна ҳавола ба ҳуқуқи хориҷӣ мутобиқи қоидаҳои ҳамин фасл бояд чун ҳавола ба ҳуқуқи моддии кишвари дахлдор баррасӣ карда шаванд, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қисми дуюми ҳамин модда пешбинӣ мекунад.
2. Ҳаволаи бозгашт ба ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавола ба ҳуқуқи кишвари сеюм дар ҳолатҳои татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ тибқи моддаҳои 1200, 1201, 1203 ва 1234 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад.
Моддаи 1195. Татбиқи ҳуқуқи кишвари дорои ҳуқуқи бисёрсистемагӣ
Дар сурати татбиқ намудани ҳуқуқи кишваре, ки дар он якчанд системаи ҳудудӣ ё дигар системаҳои ҳуқуқӣ амал мекунанд, системаи ҳуқуқӣ мутобиқи ҳуқуқи ин кишвар истифода мешавад. Агар мутобиқи ҳуқуқи ин кишвар татбиқ кардани кадом системаи ҳуқуқӣ имконнопазир бошад, пас системаи ҳуқуқие татбиқ мешавад, ки бо он муносибати наздик дорад.
 
Моддаи 1196.  Истифодаи мутақобила
1. Суд ҳуқуқи хориҷиро, сарфи назар аз он  ки дар кишвари дахлдори хориҷӣ вобаста ба муносибати ҳамшабеҳ ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад ё не ба истиснои ҳолатҳое, ки истифодаи ҳуқуқи хориҷӣ дар асоси мутақобила тибқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, истифода менамояд.
2. Агар татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ ба муносибатҳои мутақобила вобаста бошад, эҳтимол меравад, ки он вуҷуд дорад, зеро тартиби дигаре исбот карда нашудааст.
 
Моддаи 1197.  Қайду шарт дар бораи тартиби оммавӣ
1. Ҳуқуқи хориҷӣ дар ҳолатҳое, ки агар истифодаи он хилофи асосҳои тартиби ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тартиби оммавии Ҷумҳурии Тоҷикистон) бошад, татбиқ карда намешавад. Дар ин ҳолат меъёрҳои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.
2. Рад кардани татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ наметавонад танҳо ба фарқияти системаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ё иқтисодии кишвари хориҷии дахлдор аз системаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ё иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёбад.
Моддаи 1198. Татбиқи меъёрҳои ҳатмӣ (императивӣ)
1. Меъёрҳои ҳамин фасл ба амали он меъёрҳои ҳатмии (императивии) қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар натиҷаи дар худи ин меъёрҳо нишон додан ё бо сабаби маънои махсуси онҳо, аз ҷумла барои таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои иштирокчиёни муомилоти гражданӣ, ки қонун ҳифз мекунад, дахл надорад ва муносибатҳои дахлдорро сарфи назар аз ҳуқуқи татбиқшаванда танзим менамояд.
2. Ҳангоми татбиқи ҳуқуқи кишвари дигар тибқи меъёрҳои ҳамин фасл суд метавонад меъёрҳои ҳуқуқи ҳатмии (императивии) кишвари дигарро, ки бо ин муносибатҳо робитаи зич доранд, татбиқ намояд, агар мутобиқи ҳуқуқи ин кишвари дигар ҳамин гуна меъёрҳо бояд муносибатҳои дахлдорро сарфи назар аз ҳуқуқи татбиқшаванда танзим намоянд. Ҳамзамон суд бояд таъинот ва хусусияти ин меъёрҳо ва ҳамчунин оқибати татбиқи онҳоро ба эътибор гирад.
Моддаи 1199. Маҳдудиятҳои ҷавобӣ (реторсияҳо)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад нисбат ба ҳуқуқи амволӣ ва шахсии ғайриамволии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии он давлатҳое, ки дар онҳо маҳдудиятҳои махсуси ҳуқуқи амволӣ ва шахсии ғайриамволии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд, маҳдудиятҳои ҷавобӣ (реторсияҳо)  муқаррар намояд.
Боби 64. Меъёрҳои коллизионӣ
§ 1. Шахсон
Моддаи 1200. Қонуни шахсии шахси воқеӣ
1. Қонуни шахсии шахси воқеӣ ҳуқуқи кишваре, ки ин шахс шаҳрвандии онро дорад, мебошад. Ҳангоми дар шахс мавҷуд будани ду ва ё зиёда шаҳрвандӣ қонуни шахсӣ ҳуқуқи ҳамон кишвар ҳисобида мешавад, ки шахс дар он бештар истиқомат мекунад.
Агар шахс шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати хориҷиро дошта бошад, қонуни шахсии ў ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2. Қонуни шахсии шахси бешаҳрвандӣ ҳуқуқи кишваре ҳисоб мешавад, ки дар он ин шахс бештар истиқомат мекунад.
3. Қонуни шахсии гуреза ҳуқуқи ҳамон кишваре ҳисобида мешавад, ки ба ў паногоҳ додааст.
         Моддаи 1201. Қобилияти ҳуқуқдорӣ ва қобили амал будани шахси  воқеӣ
1. Қобилияти ҳуқуқдории граждании (шаҳрвандии) шахси воқеӣ тавассути қонуни шахсии ў муайян карда мешавад.
2. Қобили амал будани шахси воқеӣ тибқи қонуни шахсии ў муайян карда мешавад.
3. Қобили амали граждании шахси воқеӣ дар муносибат бо аҳдҳо ва ўҳдадориҳо, ки вобаста ба расонидани зарар ба миён омадааст, тибқи ҳуқуқи кишвари маҳали иҷрои амал ё ба миён омадани ўҳдадориҳои вобаста ба расонидани зарар муайян карда мешавад.
4. Қобилияти шахси воқеӣ ҷиҳати соҳибкори  инфиродӣ будан ва доштани ҳуқуқу ўҳдадориҳои вобаста ба он тибқи ҳуқуқи кишваре муайян мегардад, ки шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳангоми мавҷуд набудани кишвари бақайдгиранда ҳуқуқи кишваре татбиқ мегардад, ки дар он маҳали асосии фаъолияти инфиродии соҳибкорӣ сурат мегирад.
5. Шахси воқеие, ки тибқи қонуни шахсии худ дорои қобилияти амали гражданӣ намебошад, агар ў дар маҳали анҷом додани аҳд қобили амал бошад, ҳуқуқ надорад ба ғайри қобили амал будани худ истинод кунад, ба истиснои ҳолати исботи он, ки дар мавриди ғайри қобили амал будани ў тарафи дигар медонист ё пешакӣ мебоист огоҳ гардад.
6. Ғайри қобили амал ё маҳдуди қобили амал эътироф намудани шахси воқеӣ дар Тоҷикистон ба ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон  тобеъ аст.
Моддаи 1202. Бедарак  ғоибшуда ё фавтида эълон  намудани шахси воқеӣ
Дар Тоҷикистон бедарак ғоибшуда ё фавтида эълон намудани шахси воқеӣ тибқи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 1203. Номи шахси воқеӣ
Ҳуқуқи шахси воқеӣ ба ном, истифода ва ҳифзи он бо қонуни шахсии ў муайян карда мешавад, агар тартиби дигареро ҳамин Кодекс ё қонунҳои дигар пешбинӣ накарда бошанд.
 
Моддаи 1204. Бақайдгирии санадҳои ҳолати шаҳрвандии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бақайдгирии санадҳои граждании шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, дар муассисаҳои консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. Дар ин ҳолат санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.
 
Моддаи 1205. Эътирофи ҳуҷҷатҳое, ки мақомоти давлати хориҷӣ барои тасдиқи санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ додаанд
Ҳуҷҷатҳое, ки мақомоти салоҳиятдори давлати хориҷӣ барои тасдиқи санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунҳои давлатҳои дахлдори ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд додаанд, ҳангоми расмӣ будани онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақиқӣ эътироф карда мешаванд, агар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд.
Моддаи 1206. Қонуни шахсии шахси ҳуқуқӣ
Қонуни шахсии шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқи кишваре ҳисобида мешавад, ки дар он ҷо шахси ҳуқуқӣ таъсис дода шудааст.
 
Моддаи 1207. Қобилияти ҳуқуқдорӣ ва қобилияти амалкунии шахси ҳуқуқӣ
1. Қобилияти ҳуқуқдории шаҳрвандӣ ва қобилияти амалкунии шахси ҳуқуқӣ бо қонуни шахсии шахси ҳуқуқӣ муайян карда мешавад.
2. Шахси ҳуқуқии хориҷӣ наметавонад ба маҳдудияти ваколатҳои мақом ё намояндаи он барои бастани аҳдҳои ба ҳуқуқ номаълуми кишваре, ки дар он мақом ё намояндаи шахси ҳуқуқии хориҷӣ аҳдро ба имзо расонидааст, такя намояд.
3. Қобилияти ҳуқуқдории шаҳрвандӣ ва қобилияти амалкунии ташкилоти хориҷӣ, ки бо ҳуқуқи хориҷӣ шахси ҳуқуқӣ намебошад, бо ҳуқуқи кишваре, ки ин ташкилот ташкил карда шудааст, муайян карда мешавад.
Ба фаъолияти ҳамин гуна ташкилот, агар ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқшаванда бошад, меъёрҳои ҳамин Кодекс, ки фаъолияти шахси ҳуқуқии ташкилоти тиҷоратӣ бударо ба танзим меоранд, татбиқ карда мешавад, агар аз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё моҳияти ўҳдадорӣ тартиби дигаре барнаояд.
 
Моддаи 1208. Иштироки давлатҳо дар муносибатҳои ҳуқуқии шаҳрвандии   дорои унсурҳои хориҷӣ
Ба муносибатҳои ҳуқуқии шаҳрвандии бо унсурҳои хориҷӣ мураккабгашта меъёрҳои ҳамин фасл дар асоси умумӣ татбиқ карда мешаванд, агар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накунанд.
 
§ 2. Ҳуқуқҳои шахсии ғайриамволӣ ва ҳифзи онҳо
Моддаи 1209. Ҳуқуқҳои шахсии ғайриамволӣ ва ҳифзи онҳо
1. Ҳуқуқҳои шахсии ғайриамволӣ бо қонуни шахсии субъект амалӣ карда мешаванд, агар санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд.
2. Ба ҳуқуқи шахсии ғайриамволӣ ҳуқуқи кишваре, ки дар он ҷо амал ё ҳолати дигар ҷой дошт ва барои талаби ҳифзи ҳамин гуна ҳуқуқҳо асос шуда буд, татбиқ карда мешавад.
 
§ 3. Аҳдҳо. Намояндагӣ. Мўҳлати даъво.
Моддаи 1210. Шакли аҳдҳо
1. Шакли аҳдҳо ба ҳуқуқи маҳали ба имзо расидани он тобеъ аст. Аммо аҳди дар хориҷа басташуда наметавонад дар натиҷаи риоя нагардидани шаклҳо беэътибор дониста шавад, агар талаботи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя шуда бошад.
2. Аҳди иқтисоди хориҷӣ, ки яке аз иштирокчиёни он шахси ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, сарфи назар аз маҳали ба имзо расидани аҳд дар шакли хаттӣ ба имзо расонида мешавад.
3. Шакли аҳд вобаста ба амволи ғайриманқул ба ҳуқуқи кишваре тобеъ аст, ки ин амвол воқеъ гардидааст, аммо нисбати амволи ғайриманқул ва ҳамчунин воситаи нақлиёт ва амволи дигар, ки ба феҳристи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст, ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешавад.
Моддаи 1211. Ваколатнома
Шакл ва мўҳлати амали ваколатнома бо ҳуқуқи кишваре, ки ваколатнома дода шудааст, муайян карда мешавад. Аммо ваколатнома наметавонад дар натиҷаи риоя накардани шакл беэътибор эътироф карда шавад, агар он талаботи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонеъ гардонад.
Моддаи 1212. Мўҳлати даъво
1. Мўҳлати даъво бо ҳуқуқи кишваре, ки барои танзими муносибати дахлдор татбиқ мегардад, муайян карда мешавад.
2. Талаботе, ки ба онҳо мўҳлати даъво дахл надорад, бо ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, агар яке аз иштирокчиёни муносибатҳои дахлдор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
 
§ 4.Ҳуқуқи ашё
Моддаи 1213. Муқаррароти умумӣ оид ба ҳуқуқе, ки нисбат ба ҳуқуқи ашё татбиқ карда мешавад
1. Мазмуни ҳуқуқи моликият ва ҳуқуқи дигари ашё ба моликияти манқул ва ғайриманқул ва ҳамчунин татбиқи онҳо бо ҳуқуқи кишваре, ки ин моликият дар он ҷо воқеъ гардидааст, муайян карда мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
2. Мансубияти амвол ба ашёи ғайриманқул ё манқул ва ҳамчунин бандубасти дигари ҳуқуқии амвол бо ҳуқуқи кишваре, ки ин амвол дар он ҷо воқеъ гардидааст, муайян карда мешавад.
Моддаи 1214. Ба вуҷуд омадан ва қатъ гардидани ҳуқуқи ашё
1. Ба вуҷуд омадан ва қатъ гардидани ҳуқуқи ашё ба амвол бо ҳуқуқи кишваре муайян карда мешавад, ки ин амвол дар лаҳзаи амал ё ҳолати дигар, ки барои ба миён омадан ё қатъ гардидани ҳуқуқи ашё асос гардидааст, дар он ҷо воқеъ гардида буд, агар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд.
2. Ба вуҷуд омадан ва қатъ гардидани ҳуқуқи ашё ба амвол, ки предмети аҳд мебошад, бо ҳуқуқи кишваре, ки ин аҳд тобеи он мебошад, муайян карда мешавад, агар созишномаи тарафҳо тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
3. Ба вуҷуд омадани ҳуқуқи моликият ба амвол вобаста ба мўҳлати бадастоварӣ тибқи ҳуқуқи кишваре муайян мегардад, ки дар лаҳзаи ба охир расидани мўҳлати бадастоварӣ амвол дар он қарор дошт.
Моддаи 1215. Ҳуқуқи ашё ба воситаҳои нақлиёт ва амволи  дигаре, ки  бояд  ба  феҳристи  давлатӣ ворид  карда шаванд
Ҳуқуқи ашё ба воситаҳои нақлиёт ва амволи дигар, ки бояд ба феҳристи давлатӣ ворид карда шаванд, бо ҳуқуқи кишваре, ки ин воситаҳои нақлиёт ё амвол ба феҳристи давлатӣ ворид карда шудаанд, муайян карда мешавад.
Моддаи 1216. Ҳуқуқи ашё ба амволи манқули дар роҳ қарордошта
Ҳуқуқи моликият ва ҳуқуқи дигари ашё ба амволи манқули тибқи аҳд дар роҳ қарордошта бо ҳуқуқи кишваре, ки аз он ин амвол ирсол шудааст, муайян карда мешавад, агар бо созишномаи тарафҳо тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.
Моддаи 1217. Ҳифзи ҳуқуқи ашё
1. Ба ҳифзи ҳуқуқи моликият ва ҳуқуқи дигари ашё ҳуқуқи кишваре, ки ин амвол дар он қарор дорад ё ҳуқуқи кишвари суд татбиқ карда мешавад.
2. Ба ҳифзи ҳуқуқи моликият ва ҳуқуқи дигари ашёи ғайриманқул ҳуқуқи кишваре татбиқ карда мешавад, ки дар он ин амвол воқеъ гардидааст. Нисбат ба амволе, ки ба феҳристи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст, ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.
 
§ 5. Ўҳдадориҳои шартномавӣ
Моддаи 1218. Интихоби ҳуқуқ бо созишномаи тарафҳои шартнома
1. Муносибатҳои шартномавӣ бо ҳуқуқи кишвари бо созишномаи тарафҳо интихобшуда танзим карда мешавад, агар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошанд.
2. Созишномаи тарафҳо оид ба интихоби ҳуқуқи татбиқшаванда бояд пурра баён шуда бошад ё аз шартҳои шартнома ва ҳолатҳои кори дар маҷмўъ баррасишаванда мустақиман барояд.
3. Тарафҳои шартнома татбиқи ҳуқуқро барои тамоми шартнома ё барои як қисми алоҳидаи он метавонанд интихоб намоянд.
4. Интихоби татбиқи ҳуқуқро тарафҳои шартнома метавонанд дар вақти дилхоҳ ҳангоми бастани шартнома ё минбаъд анҷом диҳанд. Тарафҳо метавонанд дар вақти дилхоҳ оид ба тағйир додани ҳуқуқи ба шартнома татбиқшаванда созиш банданд.
5. Интихоби ҳуқуқе, ки бояд татбиқ шавад ва тарафҳо баъди бастани шартнома анҷом додаанд, қувваи бозгашт дорад ва аз лаҳзаи бастани шартнома эътибор пайдо мекунад.
 
Моддаи 1219. Ҳуқуқе, ки ҳангоми набудани созиши тарафҳо бо шартнома татбиқ карда мешавад
1. Ҳангоми набудани созиши тарафҳои шартнома дар хусуси татбиқи ҳуқуқ ба ҳамин гуна шартнома ҳуқуқи кишваре, ки дар он яке аз тарафҳо таъсис ёфтааст, истиқоматгоҳ ё макони асосии фаъолият дорад ва:
а) дар шартномаи хариду фурўш - фурўшанда;
б) дар шартномаи ҳадя - ҳадякунанда;
в) дар шартномаи кирояи (иҷораи) амвол-иҷорадеҳ ё кироядеҳ;
г) дар шартномаи истифодаи ройгони амвол - қарздиҳанда;
д) дар шартномаи пудрат – пудратчӣ;
е) дар шартномаи ҳамлу нақл – боркашон;
ё) дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ – экпедитор;
ж) дар шартномаи қарз ё шартномаи кредит – кредитор;
з) дар шартномаи супориш – вакил;
и) дар шартномаи комиссия – комиссионер;
к) дар шартномаи нигоҳдошт – нигоҳбон;
л) дар шартномаи суғурта – суғуртакунанда;
м) дар шартномаи замонат – зомин;
н) дар шартномаи гарав – гаравдеҳ;
о) дар шартномаи литсензионӣ оид ба истифодаи ҳуқуқи мустасно – литсензиар;
п) дар шартномаи маблағгузорӣ таҳти супоридани дархостҳои пулӣ – агенти молиявӣ;
р) дар шартномаи пасандози (депозити) бонкӣ ва шартномаи ҳисобномаи бонкӣ - бонк;
с) дар шартномаи агент – агент;
т) дар шартномаи консессияи тиҷоратӣ – дорандаи ҳуқуқ мебошанд.
2. Ҳангоми набудани созиши тарафҳо оид ба татбиқи ҳуқуқ ба шартнома ҳуқуқи кишваре, ки бо он шартнома нисбатан зичтар алоқа дорад, татбиқ карда мешавад. Шартнома бо ҳуқуқи кишваре нисбатан зичтар алоқаманд ҳисобида мешавад, ки дар он ҷо истиқоматгоҳ ё маҳали фаъолияти асосии тарафе, ки шартномаро иҷро мекунад ва барои нигоҳдории шартнома аҳамияти ҳалкунанда дорад, агар аз қонун ё шарти шартнома тартиби дигаре барнаояд.
3. Ба ҳуқуқу ўҳдадориҳо оид ба шартнома, ки предмети он амволи ғайриманқул мебошад ва ҳамчунин бо шартнома оид ба идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол ҳуқуқи кишваре татбиқ карда мешавад, ки амвол дар он воқеъ гардидааст, аммо нисбати амволе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи давлатӣ ворид карда шудааст – ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Ҳангоми набудани созишномаи тарафҳои шартнома оид ба татбиқи ҳуқуқ, сарфи назар аз муқаррароти қисми 1 ҳамин модда, татбиқ карда мешаванд:
а) нисбат ба шартномаи фаъолияти якҷоя (ширкати оддӣ) – ҳуқуқи кишваре, ки асосан дар он ҷо фаъолияти ҳамин гуна ширкат анҷом дода мешавад;
б) нисбат ба фаъолияти муштарак ва пудрати сохтмонӣ, пудрат ба корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷўӣ – ҳуқуқи кишваре, ки ҳамин гуна фаъолият анҷом дода мешавад ё натиҷаҳои пешбининамудаи шартнома ташкил карда мешаванд;
в) ба шартномаҳое, ки тибқи ҷамъбасти савдои оммавӣ (тендер, музояда) ё дар биржа баста шудаанд – ҳуқуқи кишваре, ки савдои оммавӣ (тендерҳо, музоядаҳо) гузаронида мешавад ё биржа воқеъ гардидааст.
5. Ба шартномаҳое, ки дар қисмҳои 1-3 ҳамин модда номбар нашудаанд, ҳангоми набудани созиши тарафҳо оид ба татбиқи ҳуқуқ, ҳуқуқи кишвари тарафе татбиқ карда мешавад, ки таъсис ёфтааст, истиқоматгоҳ дорад ва ҷойи асосии фаъолияти он мебошад ва иҷрои дорои аҳамияти ҳалкунандаро барои ҳамин гуна шартнома анҷом медиҳад. Ҳангоми ғайриимкон будани муайянкунии иҷрои дорои аҳамияти ҳалкунанда барои нигоҳ доштани шартнома ҳуқуқи кишваре татбиқ карда мешавад, ки бо он шартнома нисбатан зичтар вобаста аст.
6. Нисбат ба қабули иҷрои шартнома ҳуқуқи ҷойи гузаронидани ҳамин гуна қабул ба эътибор гирифта мешавад, чунки тарафҳо тартиби дигарро мувофиқа накардаанд.
7. Агар дар шартнома истилоҳоти тиҷоратии савдо дар аҳдҳои байналмилалӣ қабулгардида истифода шаванд, пас ҳангоми дар шартнома набудани нишондодҳои дигар ба ҳисоб гирифта мешавад, ки тарафҳо нисбат ба онҳо татбиқ гардидани анъанаҳои мубодилаи кориро дар муносибати мавҷудаи истилоҳоти дахлдори тиҷоратӣ мувофиқа кардаанд.
 
Моддаи 1220.  Ҳуқуқе, ки ба шартнома дар бораи таъсиси шахси ҳуқуқӣ бо иштироки хориҷиён  татбиқ мешавад
1. Ба шартномаи таъсиси шахси ҳуқуқӣ бо иштироки хориҷиён ҳуқуқи кишваре татбиқ карда мешавад, ки дар он ҷо шахси ҳуқуқӣ таъсис ва тасдиқ шудааст.
2. Муносибатҳое, ки ҳамин модда танзим мекунад, муносибатҳои ташкил ва қатъи шахси ҳуқуқӣ, таҳвили ҳиссаи иштирок дар он ва муносибатҳои дигарро байни иштирокчиёни шахси ҳуқуқӣ, ки бо ҳуқуқу ўҳдадориҳои мутақобила вобаста мебошанд, аз ҷумла бо созишномаҳои минбаъда муайяншударо дар бар мегиранд.
3. Муқаррароти ҳамин модда ҳамчунин дар ҳолатҳои муқаррар намудани ҳуқуқу ўҳдадориҳои иштирокчиёни шахси ҳуқуқӣ  бо иштироки хориҷён бо ҳуҷҷатҳои дигари таъсисотӣ татбиқ карда мешавад.
Моддаи 1221.Ҳуқуқе, ки барои гузашткунии талабот ва гузаронидани қарз татбиқ карда мешавад
1. Ҳуқуқе, ки ба созишномаи байни кредитори ибтидоӣ ва нав оид ба гузашткунии талабот бояд татбиқ гардад ва ҳамчунин байни қарздори ибтидоӣ ва нав оид ба гузаронидани қарз тибқи меъёрҳои моддаи 1219 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
2. Ҳаҷми иҷозатдиҳии гузашткунии талабот байни кредиторо-ни нав ва қарздор ва шартҳое, ки тавассути онҳо ин талабот мумкин аст аз тарафи кредитори нав ба қарздор пешниҳод карда шавад ва ҳамчунин шартҳои иҷро аз тарафи қарздор бо ҳуқуқи татбиқшавандаи талабот, ки предмети гузашткунӣ мебошад, муайян карда мешавад.
3. Ҳаҷми иҷозатдиҳии гузаронидани қарз байни қарздори ибтидоӣ ва нав, шартҳои гузаронидан ва ҳамчунин иҷрои зарурӣ бо ҳуқуқи кишваре, ки бояд ба гузаронидани қарз татбиқ шавад ва предмети қарз мебошад, муайян карда мешавад.
Моддаи 1222. Доираи амали ҳуқуқи татбиқшаванда
1. Ҳуқуқе, ки вобаста ба шартнома тибқи муқаррароти ҳамин параграф татбиқ карда мешавад, аз ҷумла инҳоро дар бар мегирад:
-маънидодкунии шартнома;
-ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои тарафҳо;
-иҷрои шартнома;
-оқибати иҷро накардан ё иҷрои ғайриқаноатбахши шартнома;
-қатъи шартнома;
-асосҳо ва оқибати беэътибор гардидани шартнома;
-гузашткунии талабот ва гузаронидани қарз вобаста ба шартнома.
2. Вобаста ба усулҳо ва расмиёти иҷро ва ҳамчунин чораҳое, ки бояд дар ҳолати иҷрои ғайриқаноатбахш қабул карда шаванд, ба ғайр аз ҳуқуқи татбиқшаванда ҳамчунин ҳуқуқи кишваре ба эътибор гирифта мешавад, ки дар он иҷро анҷом мегирад. 
 
Моддаи 1223.Ўҳдадорӣ аз аҳдҳои яктарафа
1. Ҳуқуқи татбиқшаванда нисбати ўҳдадориҳои аз аҳдҳои яктарафа ба амалоянда, агар дар санадҳои қонунгузорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, бо ҳуқуқи кишваре, ки истиқоматгоҳ ё ҷои фаъолияти асосии тарафи оид ба аҳдҳои яктарафа ба худ ўҳдадорӣ гирифта муайян карда мешавад.
2. Мўҳлати амали ваколатнома ва асосҳои қатъ гардидани он бо ҳуқуқи кишваре, ки ваколатнома дода шуда буд, муайян карда мешавад.
 
Моддаи 1224. Татбиқи ҳуқуқ оид ба муносибатҳои пардохти фоизҳо
Асосҳои ситонидан, шартҳо ва тартиби маблағгузаронӣ ва ҳамчунин андозаи фоизҳо оид ба ўҳдадориҳои пулӣ бо ҳуқуқи кишваре, ки бояд бо ўҳдадории дахлдор татбиқ шаванд, муайян карда мешавад.
 
§  6.Ўҳдадориҳои ғайришартномавӣ
 
Моддаи 1225. Ўҳдадориҳое, ки дар натиҷаи расонидани зарар ба миён меоянд
1. Ҳуқуқу ўҳдадориҳо оид ба ўҳдадориҳое, ки дар натиҷаи расонидани зарар ба амал меоянд, бо ҳуқуқи кишваре, ки амал ё ҳолати дигар ҷой дошт ва барои талаботи баргардонидани зарар асос шуда буд, муайян карда мешавад.
2. Ҳуқуқу ўҳдадориҳо оид ба ўҳдадориҳое, ки дар натиҷаи расонидани зарар дар хориҷа ба амал омадаанд, агар тарафҳо шаҳрванд ё шахсони ҳуқуқии ҳамон як давлат бошанд ё дар як давлат истиқоматгоҳ дошта бошанд, бо ҳуқуқи ин давлат муайян карда мешаванд.
3. Баъди содир гардидани амал ё пеш омадани ҳолати дигаре, ки дар натиҷа зарар расонида шудааст, тарафҳо метавонанд оид ба татбиқи ўҳдадории дар натиҷаи расонидани зарар ба амаломада ҳуқуқи кишвари судро созиш намоянд.
4. Агар амал ё ҳолати дигар, ки барои талаби гардонидани зарар асос шуда бошад ва ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набошанд, ҳуқуқи хориҷӣ татбиқ намешавад.
 
         Моддаи 1226. Соҳаи амали ҳуқуқи татбиқшаванда ба ўҳдадориҳои  дар  натиҷаи  расонидани зарар ба миёномада
Ҳуқуқи татбиқшаванда ба ўҳдадориҳои дар натиҷаи расонидани зарар бамиёномада инҳоро дар бар мегирад:
а) қобилияти шахс ҷиҳати анҷом додани ҷавобгарӣ барои зарари расонидашуда;
б) гузоштани ҷавобгарӣ барои расонидани зарар ба зиммаи шахсе, ки зарар нарасондааст;
г) асосҳои маҳдудкунӣ ва озод намудан аз масъулият;
д) тарзҳои ҷуброни зарар;
е) ҳаҷм ва андозаи ҷуброни зарар.
 
Моддаи 1227. Ҷавобгарӣ барои зарари ба истеъмолкунанда расонидашуда
1. Ба талаботи ҷуброни зарари истеъмолкунанда, ки вобаста ба хариди амвол, иҷрои корҳо ё хизматрасонӣ ба миён омадааст, тибқи интихоби истеъмолкунанда татбиқ карда мешавад:
а) ҳуқуқи кишваре, ки истиқоматгоҳ ё маҳали фаъолияти истеъмолкунанда ҷойгир аст;
б) ҳуқуқи кишваре, ки истиқоматгоҳ ё маҳали ҷойгиршавии истеҳсолкунанда ё шахсе, ки хизмат расонидааст, ҷойгир аст;
в) ҳуқуқи кишваре, ки истеъмолкунанда молро харидааст, дар як ҷо кор иҷро шудааст ё ба ў хизмат расонида шудааст.
2. Агар ҷабрдида ҳуқуқи интихобро истифода набурда бошад, ҳуқуқи татбиқшаванда тибқи моддаи 1225 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
 
Моддаи 1228. Ҳуқуқҳои татбиқшаванда ба ўҳдадориҳое, ки дар натиҷаи  рақобати  бевиҷдонона ба миён меоянд
Ба ўҳдадориҳое, ки дар натиҷаи рақобати бевиҷдонона ба миён меоянд, ҳуқуқи кишваре татбиқ карда мешавад, ки ба бозори он ҳамин гуна рақобат дахл намудааст, агар аз санадҳои қонунгузорӣ ё моҳияти ўҳдадорӣ тартиби дигаре барнаояд.
 
Моддаи 1229. Дорошавии беасос
1. Ба ўҳдадориҳое, ки дар натиҷаи дорошавии беасос ба миён меоянд, ҳуқуқи кишваре, ки ин дорошавӣ ҷой дошт, татбиқ мешавад.
2. Агар дорошавии  беасос дар натиҷаи аз байн рафтани асосҳое, ки бо он амвол харидорӣ ё ғун шудааст, ба миён ояд, ҳуқуқи татбиқшаванда бо ҳуқуқи кишваре, ки ин асос тобеъ карда шудааст, муайян карда мешавад.
3. Мафҳуми дорошавии беасос бо ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
§ 7.Моликияти зеҳнӣ
 
Моддаи 1230. Ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ
1. Ба моликияти зеҳнӣ ҳуқуқи кишваре татбиқ карда мешавад, ки дар он ҷо ҳифзи ин ҳуқуқҳо пурсида мешавад.
2. Шартномаҳое, ки предмети онҳо ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ мебошанд, бо ҳуқуқе танзим мешаванд, ки бо муқаррароти ҳамин фасл оид ба ўҳдадориҳои шартномавӣ муайян карда шудаанд.
 
§ 8.Ҳуқуқи мерос
Моддаи 1231.  Муносибатҳо оид ба меросгирӣ
Муносибатҳо оид ба меросгирӣ бо ҳуқуқи кишваре, ки дар он ҷо меросгузор охирин истиқоматгоҳи доимӣ дошт муайян карда мешавад, агар меросгузор дар васиятнома ҳуқуқи кишвареро, ки шаҳрванди он мебошад, интихоб накарда бошад.
 
         Моддаи 1232. Қобилияти шахс оид ба таҳия ва бекор кардани васиятнома, шакли васиятнома ва санади бекор кардани он
Қобилияти шахс оид ба таҳия ва бекор кардани васиятнома, инчунин шакли васиятнома ва санади бекор кардани он бо ҳуқуқи кишваре, ки дар он ҷо меросгузор  дар лаҳзаи таҳияи санад истиқоматгоҳи доимӣ дошт, муайян карда мешавад, агар меросгузор дар васиятнома ҳуқуқи кишвареро, ки шаҳрванди ў мебошад, интихоб накарда бошад. Аммо васиятнома  ё бекор кардани он наметавонад дар натиҷаи риоя накардани шакл беэътибор ҳисобида шавад, агар васиятнома талаботи ҳуқуқи маҳали таҳияи санад ё талаботи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонеъ намояд.
         Моддаи 1233. Меросгирии амволи ғайриманқул ва амволе, ки бояд ба феҳристи  давлатӣ  ворид  карда  шавад
Меросгирии амволи ғайриманқул бо ҳуқуқи кишваре, ки дар он воқеъ гардидааст ва амволе, ки ба феҳристи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст, бо ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Бо ҳамин ҳуқуқ қобилияти шахс ба таҳия ва бекор кардани васиятнома, инчунин шакли васиятнома, агар амволи номбаркарда васият карда шавад, муайян карда мешавад.
 
§ 9.  Васоят ва парасторӣ
Моддаи 1234. Васоят ва парасторӣ
1. Васоят ва парасторӣ нисбати ноболиғон, шахсони ғайри қобили амал ё шахсони болиғи қобилияти амалашон маҳдуд бо қонуни шахсии ин шахс муқаррар ва бекор карда мешавад, ки нисбати он васоят ва парасторӣ муқаррар ё бекор карда мешавад.
2. Ўҳдадории васӣ (парастор) оид ба қабули васоят (парасторӣ) бо қонуни шахсии шахсе, ки васӣ (парастор) таъин мешавад, муқаррар ё муайян карда мешавад.
3. Муносибати ҳуқуқии байни васӣ (парастор) ва шахси таҳти васоят (парасторӣ) қарордошта бо ҳуқуқи муассисаи кишваре, ки васиро (парастор) таъин намудааст, муайян карда мешавад. Аммо агар шахси таҳти васоят қарордошта (парасторӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ намояд, ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар вай барои ин шахс нисбатан қобили қабул бошад, татбиқ карда мешавад.
4. Васояти (парастории) ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррарнамуда, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътиборнок ҳисобида мешавад, агар бар зидди муқаррар намудани васоят ва парсторӣ ё бар зидди эътироф намудани он эътирозҳои ба қонун асосёфтаи муассисаҳои дахлдори консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд набошанд.
 
 

КОДЕКСИ РАСМИЁТИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 16/01/2020 - 16:02
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
КОДЕКС
Рақам: 
232
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
05.03.2007

КОДЕКСИ РАСМИЁТИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 929)

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсади Кодекс

1. Кодекси мазкур тартиби таҳия, қабул ва иҷрои санадҳои ҳуқуқии маъмурӣ, баррасии ариза ва шикоятҳои маъмурӣ, мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд, ҳамкории мақомоти маъмуриро муайян менамояд(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 929).

2. Мақсади Кодекс таъмини риояи волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият, давлат ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти маъмурӣ мебошад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- мақомоти маъмурӣ - мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳраку деҳот, инчунин ҳама гуна шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки дар асоси қонун ваколатҳои оммавии ҳуқуқиро иҷро менамояд;

- мақомоти маъмурии коллегиалӣ - мақомоти маъмурии иборат аз якчанд аъзо буда, тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳайати коллегиалӣ масъалаҳоро баррасӣ намуда, қарорҳо қабул менамоянд;

- тарафи манфиатдор - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, мақомоти маъмурӣ, ки нисбати онҳо санади ҳуқуқии маъмурӣ қабул гардидааст, инчунин санади ҳуқуқии маъмурӣ ё амалҳои мақомоти маъмурӣ, ки ба манфиатҳои қонунии онҳо таъсири мустақим ва бевосита мерасонад;

- санади ҳуқуқии маъмурӣ - санади маъмурӣ ва санади меъёрии ҳуқуқии маъмурӣ мебошад, ки мақомоти маъмурӣ дар асоси қонун ё дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул мекунад;

- санади маъмурӣ - санади ҳуқуқии маъмурии инфиродӣ, ки мақомоти маъмурӣ дар асоси қонун ё дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул намудааст ва он ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахс ё доираи маҳдуди ашхосро муқаррар мекунад, тағйир, иҷозат медиҳад ё тасдиқ менамояд. Ҳамчунин қарори қабулнамудаи мақомоти маъмурӣ дар бораи рад намудани қонеъгардонии дархости аризадиҳанда доир ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти ин мақомот, инчунин ҳуҷҷати қабул ё тасдиқнамудаи мақомоти маъмурӣ, ки метавонад боиси оқибатҳои ҳуқуқӣ гардад, аз ҷумла сертификат, иҷозатнома, иҷозат ва ғайра, санади маъмурӣ ҳисобида мешаванд;

- санади меъёрии ҳуқуқии маъмурӣ - санади ҳуқуқии маъмурии умумиҳатмие, ки мақомоти маъмурии ваколатдор дар асоси қонун ё дигар санади меъёрии ҳуқуқии дар асоси он қабулгардида содир намудааст ва қоидаҳои умумии рафтори доимӣ ё муваққатӣ ва истифодаи бисёркаратаро дар бар мегирад, аз ҷумла дастурамал, низомнома, оиннома ва ғайра;

- интишор - бо роҳи нашр намудан дар нашрияи чопӣ ба маълумоти омма расонидани санади ҳуқуқии маъмурӣ. Нашрияи чопӣ чунин нашрияе ҳисобида мешавад, ки ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма" ҷавобгӯй аст;

- аризаи маъмурӣ - талаботи хаттие, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур тарафи дар қабули санади маъмурӣ манфиатдор пешниҳод намудааст;

- шикояти маъмурӣ - талаботи хаттие, ки тарафи манфиатдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба мақомоти салоҳиятдори маъмурӣ нисбати беэътибор донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ, тағйир додан ё қабули санади ҳуқуқии маъмурии нав бо мақсади барқарорсозии ҳуқуқи поймолгардида пешниҳод намудааст;

- расмиёти маъмурӣ - фаъолияти мақомоти маъмурӣ бо мақсади таҳия, қабул ва иҷрои санади ҳуқуқии маъмурӣ, инчунин баррасии аризаю шикоятҳои маъмурӣ;

- муҳокимаи шифоҳӣ - расмиёти маъмурие, ки ҳангоми баргузории он мақомоти маъмурӣ тарафҳои манфиатдор ва дигар иштироккунандагони расмиётро муҳокима мекунад.

Моддаи 3. Доираи амали Кодекс

1. Амали Кодекси мазкур ба фаъолияти мақомоти маъмурӣ паҳн гашта, ба фаъолияти мақомоти давлатии зерин дахл надорад:

- Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳое, ки қисми дуюми ҳамин модда муайян намудааст;

- судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳое, ки боби 6 Кодекси мазкур муайян намудааст;

- мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Амали Кодекси мазкур дар фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ҳалли баҳсҳои маъмурӣ байни мақомоти маъмурӣ нисбати тақсими ваколатҳо, афзалиятнокии санадҳои ҳуқуқии маъмурии қабулгардида ва шикоят намудан аз болои санадҳои ҳуқуқии маъмурӣ, амалҳои мақомоти маъмурӣ ва шахсони мансабдори ин мақомот вобаста ба иҷрои вазифаҳои маъмурӣ, инчунин дар фаъолияти судҳо ҳангоми гузаронидани мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд татбиқ мегардад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 929).

3. Амали Кодекси мазкур ба фаъолияти мақомоти маъмурӣ дар мавридҳои зерин паҳн намегардад:

- таъқиби ҷиноии шахсон вобаста ба содир намудани ҷиноят ва истеҳсолоти парвандаи ҷиноятӣ;

- фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ;

- иҷрои ҳукм ё ҳалномаи ба қувваи қонунӣ даромадаи суд;

- қабули қарор оид ба масъалаҳои ҳарбӣ;

- татбиқи сиёсати хориҷӣ.

Моддаи 4. Принсипҳои асосии расмиёти маъмурӣ

Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои баробарӣ дар назди қонун, амалисозии ваколатҳо дар асоси қонун, мутаносибӣ, амалисозии беғаразонаи расмиёти маъмурӣ ва махфият асос меёбад.

Моддаи 5. Принсипи баробарӣ дар назди қонун

1. Иштирокчиёии расмиёти маъмурӣ дар назди қонун баробаранд.

2. Маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳо, манфиатҳои қонунии ягон тарафи иштирокчии расмиёти ҳуқуқии маъмурӣ ё монеъшавӣ ба татбиқи онҳо, инчунин ба онҳо додани бартарияте, ки қонун пешбинӣ накардааст ё андешидавӣ чораи табъизӣ нисбати ягон тараф манъ аст.

Моддаи 6. Принсипи амалисозии ваколатҳо дар асоси қонун

1. Мақомоти маъмурӣ ҳуқуқ надорад амалеро, ки хилофи талаботи қонунҳо мебошад, анҷом диҳад.

2. Мақомоти маъмурӣ санади ҳуқуқии маъмуриро, ки боиси маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд ва инсон мегардад, танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташон қабул менамояд.

3. Санади ҳуқуқии маъмурие, ки берун аз доираи салоҳият қабул гардидааст, қувваи ҳуқуқӣ надорад.

4. Ба таври зарурӣ иҷро накардани ваколатҳои хизматӣ ё аз ҳадди ваколати хизматӣ баромадани шахсони мансабдори мақомоти маъмурӣ боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун мегардад.

Моддаи 7. Принсипи мутаносибӣ

Манфиате, ки ҷомеа аз маҳдудиятҳои ба шахс раводида мегирад, бояд бештар аз маҳдудиятҳои ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунии он шахс бошад. Маҳдудсозии ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунии шахс танҳо вобаста ба ҷомеа манфиати бештар доштан асоснок мебошад.

Моддаи 8. Принсипи амалисозии беғаразонаи расмиёти маъмурӣ

1. Мақомоти маъмурӣ вазифадор аст, ки ваколатҳои худро беғаразона амалӣ созад.

2. Дар расмиёти маъмури шахсони мансабдоре, ки манфиати шахсӣ доранд, ё дар дигар ҳолатҳое, ки метавонанд ба қабули қарор таъсир расонанд, иштирок карда наметавонанд.

Моддаи 9. Принсипи махфият

1. Шахси мансабдори мақомоти маъмурӣ ҳақ надорад иттилоотӣ дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ё шахсиро, ки дар ҷараёни расмиёти маъмурӣ ба даст овардааст, ошкор намояд ё ба мақсадҳои ғайрихизматӣ истифода барад. Ин амал барои рад намудани иҷрои ӯҳдадориҳои пешбининамудаи моддаи 12 Кодекси мазкур асос шуда наметавонад.

2. Тартиби риояи махфӣ будани иттилооте, ки ҳангоми амалисозии ваколатҳои хизматӣ ба даст омадааст, тибқи қонун муқаррар мегардад:

Моддаи 10. Ӯҳдадории мақомоти маъмурӣ дар мавриди расонидани ёрии ҳуқуқӣ

1. Мақомоти маъмурӣ ӯҳдадор аст дар доираи салоҳияти худ ва бо воситаҳои дар ихтиёрдоштааш ба дигар мақомоти маъмурӣ дар асоси дархости хаттии дахлдор ёрии зарурии ҳуқуқӣ расонад.

2. Инҳо ёрии ҳуқуқӣ ҳисобида намешаванд:

- иҷрои ягон дархости мақомоти болоӣ ё поёнии маъмурӣ;

- амале, ки ӯхдадории иҷрои онро қонун ба зиммаи мақомоти маъмурӣ вогузор намудааст.

Моддаи 11. Шартҳо ва ҳудуди ёрии ҳуқуқӣ

Мақомоти маъмурӣ ҳақ дорад бо дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба дигар мақомоти маъмурӣ муроҷиат намояд, агар:

- он бо сабабҳои ҳуқуқӣ ё воқеӣ қодир набошад мустақилона амалро анҷом диҳад;

- он барои иҷрои ин амал донишу малакаи кофӣ, доир ба далелҳои барои иҷрои амал зарурбуда надошта бошад;

- ҳуҷҷатҳо ё ягон далели дигаре, ки барои ҳалли масъала заруранд, дар мақомоти маъмурии дахлдор бошанд;

- маблағе, ки барои бо қувваи худ иҷро намудани амалҳо зарур аст, нисбат ба хароҷоте, ки дигар мақомоти маъмурӣ ёрии ҳуқуқӣ мерасонад, хеле зиёд бошад.

Моддаи 12. Рад намудани расонидани ёрии ҳуқуқӣ

1. Мақомоти маъмурӣ ҳақ дорад ёрии ҳуқуқӣ нарасонад, агар:

- он аз доираи ваколатҳое, ки қонун мукаррар кардааст, берун бошад;

- расонидани ёрии ҳуқуқи ба манфиатҳои давлат ё ки ба иҷрои ӯҳдадориҳои аз ҷониби қонун ба мақомоти маъмурӣ вогузорнамуда зарар расонад.

2. Агар мақомоти маъмурӣ расонидани ёрии ҳуқуқиро рад намояд, он ӯҳдадор аст дар мӯҳлати як ҳафта ба таври хаттӣ мақомоти маъмуриеро, ки ба он бо дархост муроҷиат намудааст, дар ин бора огоҳ намояд.

3. Баҳсҳои байни мақомоти маъмурии поёниро дар мавриди расонидани ёрии ҳуқуқӣ мақомоти маъмурии болоӣ, вале дар сурати набудани чунин мақомот, суди маҳалли ҷойгиршавии мақомоти маъмурие, ки ёрии ҳуқуқӣ расониданро рад кардааст, баррасӣ менамояд.

4. Мақомоти маъмурии дахлдор пас аз гирифтани огоҳиномаи хаттии мақомоти маъмурии болоӣ оиди рад кардани расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар сурати норозӣ буданаш бо ариза ба суд муроҷиат менамояд.

5. Инчунин дар мӯҳлати понздаҳ рӯз нагирифтани ҷавоб аз мақоми маъмурӣ гувоҳи рад намудани расонидани ёрии ҳуқуқӣ ҳисоб мешавад.

БОБИ 2. САНАДИ ҲУҚУҚИИ МАЪМУРӢ

Моддаи 13. Шакли санади ҳуқуқии маъмурӣ

1. Санади ҳуқуқии маъмурӣ дар шакли хаттӣ қабул мегардад.

2. Дар ҳолатҳои таъхирнопазир, ки ба амнияти давлатӣ ё ҷамъиятӣ, саломатии аҳолӣ, ҳаёти одамон хатар таҳдид менамояд, санади маъмурӣ менавонад дар шакли шифоҳӣ қабул гардад.

3. Бо талаби тарафи манфиатдор, инчунин дар ҳолатҳое, ки санади маъмурӣ ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсро маҳдуд месозад, ҳамчунин дар дигар ҳолатҳое. ки қонун пешбинӣ намудааст, санади маъмурии шифоҳӣ дар давоми 3 рӯзи баъди қабул шуданаш бояд дар шакли хаттӣ қабул карда шавад.

4. Нисбати санади маъмурие, ки дар шакли шифоҳӣ қабул гардидааст, талаботи моддаҳои 14-21 ин Кодекс татбиқ намегарданд.

Моддаи 14. Реквизитҳои санади ҳуқуқии маъмурӣ

1. Ҳар як санади ҳуқуқии маъмурӣ бояд реквизитҳои зеринро дар бар гирад:

- номи санади ҳуқуқии маъмурӣ;

- номи мақомоте, ки санади ҳуқуқии маъмуриро қабул кардааст;

- сарлавҳаи санади ҳуқуқии маъмурӣ;

- ному насаб, номи падар ва имзои шахси мансабдори ваколатдор, ки бо мӯҳри нишондори мақомоти маъмурӣ ё шахси мансабдор тасдиқ карда шудааст;

- вақт ва маҳалли қабул;

- рақами бақайдгирие, ки мақомоти санади ҳуқуқии маъмуриро қабулкарда додааст.

2. Дар санади маъмурие, ки қонеъ гардонидани дархости аризадиҳандаро рад мекунад, бояд мақомоте, ки ба он аз болои санади ҳуқуқии маъмурӣ шикоят кардан мумкин аст, суроғаи он ва мӯҳлати пешниҳоди шикоят (ё даъво) нишон дода шаванд.

Моддаи 15. Асоснокии санади ҳуқуқии маъмурӣ

1. Санади ҳуқуқии маъмурӣ бояд асоснокии хаттӣ дошта бошад, ки пеш аз қисми хулосавӣ зикр мегардад.

2. Дар санади ҳуқуқии маъмурӣ бояд меъёри қонун ё дигар санади, меъёрии ҳуқуқие, ки дар асоси он ин санади ҳуқуқии маъмурӣ қабул шудааст, зикр карда шавад.

3. Мақомоти маъмурӣ қарори худро бо ҳолатҳо, воқеият ва далелҳое, ки дар ҷараёни расмиёти маъмурӣ таҳқиқ ва омӯхта шудаанд, асоснок менамояд.

4. Агар қонун ё дигар санади меъёрии ҳуқуқии дар асоси он қабулгардида барои қабули санадҳои ҳуқуқии маъмурӣ мавҷудияти хулосаи эксперт (хулосаи мутахассис)-ро пешбинӣ намояд, дар асоснокии хаттӣ мазмуни ин хулоса зикр карда мешавад.

5. Асоснокии хаттӣ бояд якҷоя бо санади ҳуқуқии маъмурӣ интишор гардад (барои расман шинос шудан пешниҳод гардад).

Моддаи 16. Тартиби мавриди амал қарор додани санади маъмурӣ

1. Санади маъмурӣ баъди тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун огоҳ намудани тарафҳо ё аз рӯзи интишор гардидан мавриди амал қарор дода мешавад.

2. Мақомоти маъмурӣ тарафҳоро бо роҳи супурдани огоҳинома дар бораи қабули санади маъмурӣ огоҳ мекунад.

3. Санади маъмурӣ дар давоми се рӯзи баъди қабул гардиданаш бояд ба тарафи манфиатдори мақомоти маъмурӣ супурда шавад ё аз тариқи почтаи фармоишӣ, аз ҷумла бо огоҳинома оид ба супурдан ба тарафи манфиатдор супурдани он бо имзои ӯ ва дигар воситаҳои супурдан расонида шавад.

4. Дигар воситаҳои супурдани огоҳинома дар сурате истифода мегарданд, ки агар бо ягон сабаби асоснок имконияти ба тарафи манфиатдор супурдани он бо имзои ӯ вуҷуд надошта бошад, аз ҷумла, агар худи тарафи манфиатдор оид ба истифодаи дигар воситаҳои супурдан дархост пешниҳод карда бошад.

5. Ҳангоми супурдани санади маъмурӣ ба тарафи манфиатдор мақомоти маъмурӣ ӯҳдадор аст якҷоя бо он ҳуҷҷатҳоеро, ки қисми таркибии ии санад мебошанд, супорад. Насупурдани ҳуҷҷатҳои зикршуда ҳамзамон якҷоя бо санади маъмурӣ ё дертар супурдани онҳо наметавонад ба амали санади маъмурӣ таъсир расонад ва барои шикоят кардан аз қонунӣ набудани санад асос бошад.

6. Дар сурати тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санади маъмурӣ, инчунин ба ҳуҷҷатҳое, ки қисми таркибии ин санади маъмурӣ мебошанд, мақомоти маъмурӣ ӯҳдадор аст тибқи тартиби муқаррарнамудаи ин модда санади маъмуриро бо тағйиру иловаҳо ба тарафи манфиатдор супорад.

7. Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун санади ғайримеъёрии ҳуқуқии маъмурӣ метавонад то интишор ва огоҳ намудан мавриди амал қарор дода шавад, агар таъхири он ба манфиати давлат ва ҷомеа, инчунин ба ҳуқуқ ва озодиҳои шахс зарар расонад.

8. Санади маъмурие, ки тавассути почта ба тарафи манфиатдор фиристода шудааст, баъди 7 рӯзи фиристода шудан эътибор пайдо мекунад. Дар сурати баҳс, вобаста ба фиристодани санади маъмурӣ, ӯҳдадории исбот ба зиммаи мақоми маъмурӣ гузошта мешавад.

Моддаи 17. Интишори санади маъмурӣ

1. Санади маъмурӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун интишор мегардад.

2. Агар санади маъмурӣ ба манфиатҳои зиёда аз 50 шахс таъсир расонад, огоҳонидан метавонад ба интишор иваз карда шавад. Дар чунин ҳолат санади маъмурӣ танҳо ба аризадиҳанда, агар аризаро якчанд шахс имзо карда бошанд, ба шахсе, ки имзояш дар ариза аввал аст, супурда мешавад.

Моддаи 18. Тартнби интишори санади ҳуқуқии маъмурӣ

1. Санади ҳуқуқии маъмурӣ дар нашрияи расмии мақоми маъмурии дахлдор интишор карда мешавад.

2. Агар мақомоти маъмурӣ нашрияи расмӣ надошта бошад, санади ҳуқуқии маъмурӣ бояд дар нашрияе, ки дар тамоми қаламрави амали мақомоти маъмурӣ паҳн мегардад ва на камтар аз як маротиба дар як ҳафта чоп мешавад, интишор карда ё дастраси умум гардонида шавад.

3. Мақомоти маъмурӣ ӯҳдадор аст пешакӣ тартиби интишор ё дастраси умум гардонидани санади ҳуқуқии маъмурии дар қисми дуюми ҳамин модда зикршударо муайян намояд.

Моддаи 19. Дастраси умум гардонидан

1. Дастраси умум гардонидан маънои дар мақомоти маъмурӣ дар ҷои намоён (лавҳа) гузоштани санади ҳуқуқии маъмуриро дорад.

2. Дар мавриди зарурат санади маъмурӣ ҳамчунин дар дигар ҷойҳои оммавӣ низ дастраси умум гардонида мешавад.

Моддаи 20. Тартиби расман шинос намудан бо санади маъмурӣ

1. Расман шинос шудани тарафи манфиатдор бо санади маъмурӣ маънои ба ӯ супурдан ё фиристодани санади ҳуқуқии маъмуриро тавассути почта бо огоҳиномаи супориш дорад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар накарда бошад.

2. Шахс дар сурати нагирифтани санади ҳуқуқии маъмурие, ки тавассути почта ба ӯ фиристода шудааст, ҳақ дорад нусхаи онро аз мақомоти маъмурӣ гирад. Хароҷоти вобаста ба додани нусха набояд аз хароҷоти тайёр кардани нусха зиёд бошад.

Моддаи 21. Ислоҳ намудани хатоҳои санади маъмурӣ

1. Мақомоти маъмурӣ ӯҳдадор аст хатоҳои имлоӣ ва арифметикии санади маъмурии қабулшударо бо воситаи ворид намудани тағйирот ислоҳ намояд.

2. Ворид намудани тағйиру иловаҳои ҷиддӣ маънии қабул кардани санади нави маъмуриро дорад.

3. Санади маъмурии хатояш ислоҳшуда бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур интишор, дастраси умум ва расман шинос карда шавад.

Моддаи 22. Беэътибор донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ

1. Санади ҳуқуқии маъмурӣ тибқи тартибе, ки барои қабули санади ҳуқуқии маъмурӣ муқаррар гардидааст, беэътибор дониста мешавад.

2. Санади ҳуқуқии маъмурӣ беэътибор дониста мешавад, агар:

- он аз ҷониби мақомоти маъмурии ваколатдорнабуда қабул шуда бошад;

- иҷрои он боиси ҳуқуқвайронкунӣ гардад;

- иҷрои он бинобар ҳолатҳои пешбининашавандае, ки ба иродаи тарафҳо вобаста намебошанд, ғайриимкон бошад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 929);

- он хилофи қонун бошад ё дигар талаботе, ки қонун нисбати таҳия ё қабули он муқаррар намудааст, ҷиддӣ вайрон карда шуда бошад.

3. Санади ҳуқуқии маъмурӣ аз ҷониби мақомоти маъмурие, ки онро қабул кардааст, мақомоти маъмурии болоӣ ё суд беэътибор дониста мешавад.

4. Агар санади ҳуқуқии маъмурие, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсро вайрон мекунад, беэътибор дониста шуда бошад, ба тарафи манфиатдор бояд зарари моддие, ки дар натиҷаи беэътибор донистани санади маъмурӣ ба он расонида шудааст, тибқи тартиби пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда шавад.

5. Беэътибор донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ маънои онро дорад, ки оқибатҳои ҳуқуқии баъди эътибор пайдо кардани он бавуҷудомада бекор карда мешаванд.

6. Дар сурати беэътибор донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ шахс ҳақ дорад баргардонидани маблағи ба фоидаи мақомоти маъмурӣ пардохтааш ё дигар молу мулки додаашро талаб кунад ва дар сурати ғайриимкон будани баргардонидани ин маблағ ва молу мулк бояд пурра ҷуброн карда шавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 929).

7. Агар шахс дар асоси санади ҳуқуқии маъмурии беэътибор донисташуда ягон молу мулк гирифта бошад, ӯ вазифадор аст онро тибқи тартиби пешбининамудаи моддаҳои 1116-1124 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 929).

Моддаи 23. Аз зътибор соқит донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ

1. Санади ҳуқуқии маъмурӣ аз ҷониби мақомоти маъмурие, ки онро қабул кардааст, аз эътибор соқит дониста мешавад.

2. Санади хуқуқии маъмурие, ки мутобиқи қонун ё дигар санади меъёрии ҳуқуқии дар асоси он қабулгардида қабул шудааст, танҳо дар мавриде аз эътибор соқит дониста мешавад, агар:

- бевосита дар қонун ё дигар санади меъёрии ҳуқуқие, ки онро мақомоти болоӣ дар асоси конун қабул кардааст, зикр шуда бошад;

- тибқи қонун бевосита дар санади ҳуқуқии маъмурӣ зикр шуда бошад;

- тарафи манфиатдор ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи санади ҳуқуқии маъмуриеро, ки иҷро накардани онҳо тибқи қонун метавонад барои аз эътибор соқит донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ асос гардад, иҷро накарда бошад;

- санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор бекор карда шудааст ё тағйир дода шудааст, ки дар натиҷаи он мақомоти маъмурӣ аз имконияти қабул намудани чунин санади ҳуқуқии маъмурӣ маҳрум гаштааст ва амали санади ҳуқуқии маъмурӣ метавонад ба манфиати давлат ё ҷомеа зарари ҷиддӣ расонад.

3. Санади ҳуқуқии маъмурӣ тибқи тартибе, ки барои қабули санади маъмурӣ муқаррар гардидааст, аз эътибор соқит дониста мешавад.

4. Аз эътибор соқит донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ боиси бекор кардани оқибатҳои ҳуқуқие намегардад, ки то аз эътибор соқит донистани он ба вуҷуд омадаанд.

Моддаи 24. Беэътибор донистан ё аз эътибор соқит донистани қисми санади ҳуқуқии маъмурӣ

1. Беэътибор донистан ё аз эътибор соқит донистани қисми санади ҳуқуқии маъмурӣ бояд бо риояи талаботи моддаҳои 21 ва 22 Кодекси мазкур сурат гирад.

2. Беэътибор ё аз эътибор соқит донистани қисми санади меъёрии ҳуқуқӣ боиси беэътибор ё аз эътибор соқит донистани дигар қисмҳои санади ҳуқуқии маъмурӣ намегардад.

Моддаи 25. Ворид намудани тағийру иловаҳо ба санади ҳуқуқии маъмурӣ

1. Мақомоти маъмурие, ки санади ҳуқуқии маъмуриро қабул кардааст, ба ворид намудани тағийру иловаҳо ҳуқуқ дорад.

2. Тағйиру иловаҳо ба санади ҳуқуқии маъмурӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ворид карда мешаванд.

Моддаи 26. Баргардонидани ҳуҷҷат

Баъди беэътибор донистан ё аз эътибор соқит донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ мақомоти маъмурии ваколатдор метавонад аз шахс баргардонидани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқро, ки дар асоси ин санади ҳуқуқии маъмурӣ дода шуда буд, талаб кунад.

БОБИ 3. РАСМИЁТ АЗ РӮИ САНАДИ МАЪМУРӢ

§ 1. Оғози расмиёти маъмурӣ
Моддаи 27. Асосҳо барои оғози расмиёти маъмурӣ

1. Асосҳо барои оғози расмиёти маъмурӣ инҳоянд:

- аризаи маъмурӣ;

- ӯҳдадориҳое, ки қонун дар мавриди қабули санади маъмурӣ ба зиммаи мақомоти маъмурӣ вогузор кардааст.

2. Расмиёти маъмурӣ дар ҳолатҳое, ки сархати якуми қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ намудааст, аз рӯзи бақайдгирии аризаи маъмарӣ оғоз мегардад.

Моддаи 28. Пешниҳоди аризаи маъмурӣ

1. Аризаи маъмурӣ бояд ба мақомоти маъмурие пешниҳод карда шавад, ки салоҳияти ҳалли масъалаи дар ариза гузошташуда ва қабули санади маъмурии дахлдорро дорад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

2. Тартиби пешниҳоди аризаи маъмурӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашаванда ё пешниҳоди дигар навъ иттилоотро, агар онро қонун ё санади меъёрии ҳуқуқии дар асоси он қабулнамуда муқаррар накарда бошад, низомномаи (оинномаи) мақомоти маъмурии дахлдор муайян менамояд.

Моддаи 29. Мазмуни аризаи маъмурӣ

1. Аризаи маъмурӣ бояд дар шакли хаттӣ таҳия гардад ва инҳоро дар бар гирад:

- номи мақомоти маъмурие, ки аризадиҳанда ба он муроҷиат мекунад;

- ном, номи падар, фамилия ва суроғаи аризадиҳанда;

- талабот;

- санаи пешниҳоди ариза ва имзои аризадиҳанда;

- номгӯи ҳуҷҷатҳои ба ариза замимашаванда, дар сурати мавҷуд будани онҳо.

2. Ба аризаи маъмурӣ бояд ҳама ҳуҷҷатҳое, ки ӯҳдадории пешниҳод намудани онҳоро қонун ба зиммаи аризадиҳанда вогузор менамояд, замима карда шаванд.

3. Аризадиҳанда ҳақ дорад ҳамаи дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки метавонанд барои қабули санади маъмурӣ асос шаванд, пешниҳод кунад.

Моддаи 30. Бақайдгирии аризаи маъмурӣ

1. Мақомоти маъмурӣ ӯҳдадор аст аризаи маъмуриро тибқи тартиби муқарраргардида дар рӯзи қабул ба қайдгирифта, ба он сана ва рақами бақайдгириро гузорад.

2. Мақомоти маъмурӣ ӯҳдадор аст дар сурати гирифтани аризаи маъмурӣ бе ҳузури аризадиҳанда ё бо талаби ӯ тасдиқномаи бақайдгириро фавран бо почта ба ӯ равон кунад.

Моддаи 31. Ба дигар мақомоти маъмурии ваколатдор равон кардани аризаи маъмурӣ

1. Агар қабули санади маъмурие, ки дар аризаи маъмурӣ талаб карда мешавад, ба салоҳияти дигар мақомоти маъмурӣ дахл дошта бошад, мақомоти маъмурӣ ӯҳдадор аст на дертар аз 5 рӯзи баъди қабули аризаи маъмурӣ онро бо ҳуҷҷатҳои замимагардида ба мақомоти маъмурии ваколатдор равон кунад ва дар ин бора аризадиҳандаро огоҳ намояд.

2. Дар сурати аризаи маъмуриро гирифтани мақомоти маъмурии ваколатдор он ӯҳдадор аст аризадиҳандаро аз гирифтани чунин ариза огоҳ кунад.

3. Дар сурати ба дигар мақомоти маъмурии ба ин ваколатдор равон кардани аризаи маъмурӣ ба пешниҳод кардани ягон нуқтаи назар дар мавриди ҳалли масъалаҳои дар аризаи маъмурӣ гузошташуда роҳ дода намешавад, агар қонун тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

4. Агар масъалаи дар аризаи маъмурӣ зикршуда дар доираи салоҳияти суд бошад ё муқаррар намудани мақоми маъмурии ваколатдор ғайриимкон бошад, мақоми маъмурӣ аризаи маъмуриро бо асоснокии дахлдор на дертар аз понздаҳ рӯзи баъди бақайдгирии он ба аризадиҳанда бармегардонад.

Моддаи 32. Норавоии талаботе, ки қонун пешбинӣ накардааст

1. Мақомоти маъмурӣ ҳақ надорад аз аризадиҳанда ҳуҷҷатҳо ё дигар иттилооти қонун пешбининакардаро талаб кунад.

2. Боздоштани расмиёти маъмурӣ ё рад намудани баррасии аризаи маъмурӣ бо асосе, ки дар қисми якуми ин модда зикр шудааст, манъ аст.

Моддаи 33. Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дорои сирри тиҷоратӣ ё шахсӣ

Мақомоти маъмурӣ тибқи дархости аризадиҳанда ӯҳдадор аст тадбирҳоро оид ба ҳифзи иттилооти пешниҳоднамудаи он, ки дорои сирри тиҷоратӣ ё шахсӣ мебошад, андешад.

§ 2. Иштирокчиёни расмиёти маъмурӣ
Моддаи 34. Ишткрокчиёни расмиёти маъмурӣ

Иштирокчиёни расмиёти маъмурӣ инҳоянд:

- аризадиҳанда;

- мақомоти маъмурие, ки ҳақ дорад доир ба масъалаи зикршуда қарор қабул намояд;

- шахсе, ки ҳамин Кодекс ё дигар санади ҳуқуқии меъёрӣ ба ӯ ҳуқуқи дар расмиёти маъмурӣ иштирок карданро додааст;

- мақомоти маъмурии дигар, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун;

- тарафи манфиатдор.

Моддаи 35. Тарафҳои расмиёти маъмурӣ

1. Тарафи расмиёти маъмурӣ метавонад мақомоти маъмурӣ, шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ бошад.

2. Расмиёти маъмурӣ аз ҷониби мақомоти маъмурии ваколатдор анҷом дода мешавад.

3. Дар ҷараёни расмиёти маъмурӣ мақомоти маъмуриро шахси мансабдори масъул ё намояндаи расмии он намояндагӣ мекунад.

Моддаи 36. Забони расмиёти маъмурӣ

1. Расмиёти маъмурӣ ба забони давлатӣ амалӣ карда мешавад.

2. Агар аризаи маъмурӣ ё дигар ҳуҷҷати пешниҳоднамуда ба забони давлатӣ таҳия нашуда бошад, мақомоти маъмурӣ мӯҳлати пешниҳод намудани тарҷумаи аз тарафи идораи нотариалии давлатӣ тасдиқшудаи аризаи маъмурӣ ё дигар ҳуҷҷатро муқаррар менамояд.

Моддаи 37. Қобили амали тарафҳои дар расмиёти маъмурӣ иштироккунанда

Нисбати қобили амали шахси дар расмиёти маъмурӣ иштироккунанда талаботи боби 3 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

§ 3. Намояндагӣ дар расмиёти маъмурӣ
Моддаи З8. Ҳуқуқи намояндагӣ

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд муносибатҳоро бо мақомоти маъмурӣ тавассути намоянда анҷом диҳанд.

2. Мақомоти маъмурӣ вазифадор аст аз намоянда ҳуҷҷатеро, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба расмият дароварда шуда, намояндагии ӯро тасдиқ мекунад, талаб намояд.

3. Мақомоти маъмурӣ ҳақ надорад аз тарафи манфиатдор талаб намояд, ки муносибатҳои худро бо мақоми маъмурӣ тавассути намоянда анҷом диҳад ба истиснои ҳолатҳое, ки бевосита қонун пешбинӣ карда аст.

Моддаи 39. Намоянда дар расмиёти маъмурӣ

1. Агар аризадиҳанда ё тарафи манфиатдор намоянда таъин карда бошад, мақомоти маъмурӣ ба он намоянда ҳамаи ҳуҷҷатҳои ба тарафи манфиатдор тааллуқдоштаро мефиристад.

2. Мақомоти маъмурӣ дар мавриди ҳама масъалаҳои расмиёти маъмурӣ ба намоянда муроҷиат мекунад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

3. Тарафи манфиатдор, ки онро шахси дигар намояндагӣ мекунад, ҳақ дорад дар ҳамаи муҳокимаҳои шифоҳӣ ҳузур дошта бошад.

4. Намоянда ҳақ дорад аз номи шахси намояндагишаванда ҳама амалиёти расмиётиеро, ки дар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи намояндагии ӯ пешбинӣ гардидаанд, анҷом диҳад.

Моддаи 40. Ҳатмӣ будани таъини намоянда

1. Тарафи манфиатдори дар расмиёти маъмурӣ иштироккунандае, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор надорад, ӯҳдадор аст дар давоми 3 рӯзи баъди талаби мақомоти маъмурӣ намояндаи худро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, таъин намояд.

2. Агар шахс талаботи дар қисми якуми ҳамин модда зикршударо иҷро накунад, мақомоти маъмурӣ барои равон накардани ҳуҷҷат масъулият надорад ва ин наметавонад барои беэътибор донистани санади маъмурӣ асос шавад, ба истиснои ҳолатҳои дар қонун муқарраргардида.

Моддаи 41. Таъини ҳатмии намоянда аз ҷониби аризадиҳанда

1. Агар ариза аз ҷониби бештар аз 25 шахс пешниҳод гардида бошад, шахсоне, ки аризаро имзо кардаанд, дар мӯҳлати муқаррарнамудаи мақомоти маъмурӣ як намояндаеро, ки барои анҷом додани муносибатҳо бо мақомоти маъмурӣ ваколатдор аст, таъин мекунанд.

2. Танҳо шахси воқеӣ метавонад ҳамчун намоянда таъин карда шавад.

3. Дар сурати аз иҷрои ваколатҳои худ даст кашидани намоянда мақомоти маъмурӣ ба аризадиҳандагон барои таъини намояндаи нав мӯҳлат медиҳад.

§ 4. Рад кардан
Моддаи 42. Норавоии иштирок дар расмиёти маъмурӣ

1. Дар расмиёти маъмурӣ шахси мансабдори зерини мақомоти маъмурӣ иштирок карда наметавонад, агар:

- шахсан, бевосита ё бавосита ба оқибати кор манфиатдор бошад ё ҳолатҳои дигаре мавҷуд бошанд, ки беғаразии ӯро ба шубҳа мо монанд;

- хешованди наздики тарафи манфиатдори дар парванда иштироккунанда ё хешованди наздики намояндаи он бошад;

- намояндаи тарафи манфиатдори дар парванда иштироккунанда бошад;

- пеш аз ин ҳангоми баррасии ҳамин парванда ба сифати шоҳид, эксперт, тарҷумон, намоянда шуда бошад;

- бо тарафи манфиатдори муқобили дар парванда иштироккунанда муносибатҳои меҳнатӣ дошта бошад;

- худаш ё узви оилааш шахси бонуфузи шахси ҳуқуқӣ, ки тарафи манфиатдор аст, бошад,

2. Шахси мансабдор ӯҳдадор аст шахси мансабдори болоиро аз ҳолатҳое, ки дар қисми якуми ҳамин модда зикр шудаанд, огоҳонад ва худрадкунӣ изҳор намояд. Ариза дар бораи худрадкунӣ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 42 Кодекси мазкур баррасӣ мегардад.

Моддаи 43. Ариза дар бораи радкунӣ

1. Тарафи манфиатдори дар расмиёти маъмурӣ иштироккунандае, ки ба назари он барои радкунии шахси мансабдори мақомоти дар расмиёти маъмурӣ иштироккунанда асосҳо вуҷуд доранд, ҳақ дорад то қабули санади маъмурӣ ба ӯ дар шакли хаттӣ радкунӣ изҳор намояд.

2. Ариза дар бораи радкунӣ бояд асоснок бошад.

3. Ариза дар бораи радкунӣ, масъалаи радкунӣ ё худрадкуниро роҳбари шахси мансабдоре, ки ба ӯ радкунӣ изҳор шудааст, баррасӣ ва ҳал мекунад, вале дар сурати набудани номбурда, ин амалро роҳбари мақомоти болоӣ ба ҷо меорад.

4. Масъалаи радкунии шахси мансабдореро, ки ба ҳайати мақомоти коллегиалӣ дохил мешавад, мақомоти коллегиалӣ бе иштироки ин шахси мансабдор ҳал менамояд.

5. Тарафи манфиатдоре, ки дар расмиёти маъмурӣ иштирок мекунад, ӯҳдадор аст ариза дар бораи радкуниро дар давоми 2 рӯзи баъди ба ӯ маълум гардидани ҳолате, ки барои радкунӣ асос мебошад, пешниҳод кунад.

§ 5. Мӯҳлатҳо дар расмиёти маъмурӣ
Моддаи 44. Мӯҳлат дар расмиёти маъмурӣ ва тартиби барқарор намудани мӯҳлати гузаронидашуда

1. Ҳангоми ҳисоби мӯҳлат дар расмиёти маъмурӣ тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 109-114 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.

2. Агар тарафи манфиатдор ӯҳдадор бошад, ки мӯҳлати муқарраргардидаро риоя кунад, мӯҳлати зикршуда танҳо аз рӯзи ба тарафи манфиатдор додани ҳуҷҷатҳои дахлдор ё иттилоот, ё ки нашри расмии ин иттилоот оғоз мегардад.

3. Мӯҳлати гузарондашуда бояд барқарор карда шавад, агар тарафи манфиатдор мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун ё мақомоти маъмуриро бо сабабҳои узрнок гузаронда бошад.

4. Тарафи макфиатдор дар мавриди барқарор намудани мӯҳлати гузарондашуда на дертар аз 15 рӯз баъди бартараф кардани ҳолатҳое, ки дар қисм сеюми ин модда зикр шудаанд, бо аризаи хаттӣ ба мақомоти маъмурӣ муроҷиат менамояд. Ба ариза бояд ҳуҷҷатҳо ва маводи дахлдоре, ки вуҷуд доштани сабабҳои узрноки гузарондани мӯҳлатро тасдиқ мекунанд, замима карда шаванд.

5. Мақомоти маъмурӣ аризаро дар бораи барқарор намудани мӯҳлати гузарондашуда дар давоми 5 рӯз баррасӣ мекунад ва дар асоси натиҷаҳои он дар бораи қонеъ гардонидан ё рад намудани қонеъгардонии ариза санади маъмурӣ қабул мекунад.

Моддаи 45. Иштироки тарафи манфиатдор дар расмиёти маъмурӣ

1. Мақомоти маъмурӣ ҳуқук дорад тарафи манфиатдорро дар асоси аризааш барои иштирок дар расмиёти маъмурӣ ҷалб намояд, дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун бошад, вазифадор аст иштироки онро дар расмиёти маъмурӣ таъмин кунад.

2. Агар аз санади маъмурӣ вазъи ҳуқуқии тарафи манфиатдор вазнин гардад, мақомоти маъмурӣ вазифадор аст онро дар бораи вақт ва макони гузаронидани расмиёти маъмурӣ барои иштирок намудан дар расмиёти маъмурӣ огоҳ кунад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 929).

3. Агар микдори иштирокчиёни расмиёти маъмурӣ аз 50 нафар зиёд бошад, мақомоти маъмурӣ ҳақ дорад ба ҷойи алоҳида хабардор кардани ҳар яки онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 18 Кодекси мазкур дар бораи расмиёти маъмурӣ хабари расмӣ интишор намояд.

4. Хабар дар бораи расмиёти маъмурӣ бояд инҳоро дар бар гирад:

- ном ва суроғаи мақомоти маъмурие, ки дар он расмиёти маъмурӣ анҷом дода мешаванд;

- сана ва вақти оғози муҳокима;

- шарҳи мухтасари мавзӯи расмиёти маъмурӣ;

- фамилия, ном, номи падари тарафи манфиатдори дар мурофиа иштироккунанда;

- мӯҳлати қабули санади маъмурӣ.

5. Дар ҳолатҳои таъхирнопазир, ҳангоме ки ба таъхир гузоштани қабули санади маъмурӣ метавонад ба манфиатҳои давлат, ҷомеа ё шахс зарари ҷиддӣ расонад, мақомоти маъмурӣ ҳақ дорад дар бораи қабули санади маъмурӣ бе риояи талаботи қисмҳои якум, дуюм ва сеюми ин модда қарори асоснок қабул кунад.

Моддаи 46. Таҳқиқи ҳолатҳои парванда

1. Мақомоти маъмурӣ ӯҳдадор аст дар ҷараёни расмиёти маъмурӣ ҳама ҳолатҳоеро, ки барои парванда аҳамият доранд, таҳқиқ намояд ва дар асоси арзёбӣ ва муқоисаи ин ҳолатҳо тибқи қонун қарор қабул кунад.

2. Ҳамчун асос барои қабули санади маъмурӣ ба эътибор гирифтани ҳолатҳо ё далелҳое, ки мақомоти маъмурӣ тибқи тартиби муқарраргардида таҳқиқ накардааст, мумкин нест.

3. Тарафи манфиатдор ӯҳдадор аст танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ба мақомоти маъмурӣ ҳозир шавад ва нишондод диҳад.

Моддаи 47. Ваколати мақомоти маъмурӣ дар таҳқиқи далелҳо дар ҷараёни расмиёти маъмурӣ

Бо назардошти ҳолатҳои парванда мақомоти маъмурӣ ҳақ дорад:

- ҳуҷҷатҳоро талаб намояд;

- маълумот ҷамъоварӣ намояд;

- тарафи манфиатдорро шунавад;

- ҷоеро, ки ба қабули санади маъмурӣ вобаста аст, аз назар гузаронад;

- экспертиза (ташхис) таъин намояд;

- ҳуҷҷатҳо ва санадҳои заруриро истифода барад;

- бо мақсади ҷамъоварӣ, таҳқиқ ва баҳодиҳии далелҳо дигар чораҳои пешбининамудаи қонунро истифода намояд.

Моддаи 48. Ҳуқуқи тарафи манфиатдор ҳангоми таҳқиқи далелҳо

1. Тарафи манфиатдори дар расмиёти маъмурӣ иштироккунанда ҳақ дорад далелҳо ва инчунин дархости таҳқиқи далелҳоро пешниҳод намояд.

2. Мақомоти маъмурӣ дар давоми 2 рӯз доир ба дархост яке аз қарорҳои зеринро қабул менамояд:

- дар бораи қонеъ гардонидани дархост;

- дар бораи рад намудани дархост;

- дар бораи қисман қонеъ гардонидани дархост.

Моддаи 49. Ҳуқуқи шинос шудан бо маводи расмиёти маъмурӣ

1. Тарафи манфиатдори дар расмиёти маъмурӣ иштироккунанда ҳақ дорад, ба истиснои ҳуҷҷатҳо ва маводи марбут ба таҳияи санади маьмурӣ, ки хислати дохилиидоравӣ доранд, бо маводи расмиёти маьмурӣ шинос шавад.

2. Ба тарафи манфиатдори дар расмиёти маъмурӣ иштироккунанда маводи парванда, ки дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ё шахсӣ мебошанд, ба истиснои холатҳои пешбининамудаи қонун пешниҳод карда намешавад.

3. Тарафи манфиатдори дар расмиёти маъмурӣ иштироккунанда бо маводи расмиёти маъмурӣ дар мақомоти маъмурие, ки расмиёти маъмуриро анҷом медиҳад, шинос мешавад.

4. Тарафи манфиатдори дар расмиёти маъмурӣ иштироккунанда ҳақ дорад дар мавриди талаб карда гирифтани нусхаи ҳуҷҷатҳои расмиёти маъмурӣ дархост пешниҳод намояд. Тарафи манфиатдори дар расмиёти маъмурӣ иштироккунанда метавонад аз ҳуҷҷатҳо ва дигар маводе, ки дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ё шахсӣ мебошанд, танҳо дар ҳолатҳое, ки бевосита дар қонун пешбинӣ гардидаанд ё дар асоси қарори суд нусха бардорад.

5. Мақомоти маъмурӣ наметавонад барои гирифтани нусхаҳои ҳуҷҷатҳо ё дигар мавод, инчунин фиристодан бо почта, ба ғайр аз ҷуброни хароҷоти анҷомдодааш, ягон подошпулӣ муқаррар намояд ё монеаи дигаре ба вуҷуд орад.

Моддаи 50. Қабули қарор

1. Санади маъмурие, ки ба манфиати шахсони сеюм дахл намекунад, бояд дар давоми 15 рӯзи баъди пешниҳоди аризаи маъмурӣ қабул карда шавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

2. Мақомоти маъмурӣ дар мӯҳлати як моҳ баъди пешниҳоди аризаи маъмурӣ санади маъмуриро қабул менамояд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

3. Мақомоти маъмурӣ дар мӯҳлати ду моҳ баъди пешниҳоди ариза санади меъёрии ҳуқуқии маъмуриро қабул менамояд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

4. Агар ҷиҳати муайян намудани ҳолатҳои барои парванда дорои аҳамияти ҷиддӣ мӯҳлате зарур бошад, ки аз мӯҳлати барои қабули санади маъмурӣ пешбининамудаи қонун зиёд аст, мақомоти маъмурӣ дар бораи муайян намудани мӯҳлати қабули санади маъмурӣ қарор қабул мекунад.

5. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми сеюми ин модда мӯҳлати умумии қабули санади маъмурӣ набояд аз 3 моҳ зиёд бошад.

Моддаи 51. Тартиби пешниҳоди аризаи маъмурии такрорӣ дар мавриди як масъала

1. Аризаи маъмурӣ нисбати қарори мақомоти маъмурӣ дар бораи рад кардани қабули санади маъмурӣ метавонад танҳо дар сурате пешниҳод карда шавад, ки вазъи воқеӣ ё ҳуқуқие, ки барои қабули санади маъмурӣ асос мебошад, ба фоидаи шахс тағйир ёфта бошад, ё ки дар сурати пеш омадани ҳолатҳои наве, ки ба қабули санади маъмурии барои аризадиҳанда мусоидтар сабаб мегарданд.

2. Агар дар аризаи маъмурӣ ҳолатҳои нав зикр карда нашаванд, мақомоти маъмурӣ аризаро баррасӣ накарда, дар бораи қонеъ нагардонидани ариза санади маъмурӣ қабул менамояд. Дар санади маъмурӣ бояд санади меъёрии ҳуқуқие, ки дар асоси он қонеъгардонии аризаи маъмурӣ рад карда шудааст, зикр карда шавад.

3. Аризаи маъмурӣ дар бораи расмиёти маъмурии такрорӣ танҳо дар сурате қабул мегардад, ки дар ҷараёни расмиёти маъмурӣ аризадиҳанда ин ҳолатҳо ё фактҳоро вобаста ба ҳолатҳои ба ӯ дахлнадошта пешниҳод накарда бошад.

§ 6. Расмиёти маъмурӣ дар мақомоти маъмурии коллегиалӣ
Моддаи 52. Тартиби расмиёти маъмурӣ дар мақомоти маъмурии коллегиалӣ

1. Расмиёти маъмурӣ дар мақомоти маъмурии коллегиалӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин боб анҷом дода мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

2. Қарор нисбати аризаи маъмурие, ки ба мақомоти коллегиалӣ пешниҳод гардидааст, танҳо аз ҷониби мақомоти маъмурии коллегиалӣ қабул карда мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад. Ба дигар мақомоти маъмурии ваколатдор фиристодани ариза ё баргардонидани он ба аризадиҳанда ҳуқуқи истисноии шахси мансабдори ваколатдори мақомоти маъмурии коллегиалӣ мебошад, агар ҳалли масъалаҳои дар он гузошташуда дар доираи ваколати ин мақомоти маъмурии коллегиалӣ бошанд.

Моддаи 53. Тартиби гузаронидани ҷаласа ва қабули қарор аз ҷониби мақомоти маъмурии коллегиалӣ

1. Дар ҷаласаи мақомоти маъмурии коллегиалӣ дар сурати ҳузур надоштани роҳбараш яке аз муовинони ӯ раисӣ мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 929).

2. Раисикунанда ҷаласаро мутобиқи рӯзнома мебарад.

3. Ба ҷаласаи мақомоти маъмурии коллегиалӣ бояд ҳама аъзои он даъват карда шаванд.

4. Ҷаласаи мақомоти маъмурии коллегиалӣ дар сурате салоҳиятдор ҳисобида мешавад, ки дар он бештар аз нисфи шумораи аъзои он иштирок дошта бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тартиби дигарро пешбинӣ намудаанд.

5. Қарори мақомоти маъмурии коллегиалӣ дар сурате қабулгардида ҳисобида мешавад, ки онро бештар аз нисфи шумораи аъзои дар ҷаласа ҳузурдошта дастгирӣ карда бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки санадҳои мёьёрии ҳуқуқӣ тартиби дигарро пешбинӣ намудаанд.

Моддаи 54. Протоколи ҷаласаи мақомоти маъмурии коллегиалӣ

1. Дар ҳама ҷаласаҳои мақомоти маъмурии коллегиалӣ протоколи ҷаласа тартиб дода мешавад, ки дар он бояд ин чизҳо зикр карда шаванд:

- номи мақомоти маъмурии коллегиалӣ;

- вақт ва ҷойи гузаронидани ҷаласа;

- ном, номи падар, фамилия шахси дар ҷаласа раисикунанда ва аъзои мақомоти маъмурии коллегиалӣ;

- мавзӯи баррасишаванда;

- натиҷаҳои овоздиҳӣ;

- қарори қабулгардида.

2. Протоколи ҷаласаро котиб дар давоми 3 рӯз тартиб дода, онро раисикунанда ва котиб имзо мекунанд.

§ 7. Намудҳои расмиёти маъмурӣ
Моддаи 55. Намудҳои расмиёти маъмурӣ

1. Намудҳои расмиёти маъмурӣ инҳоянд:

- расмиёти маъмурии оддӣ;

- расмиёти маъмурии расмӣ;

- расмиёти маъмурии оммавӣ.

2. Агар қонун татбиқи расмиёти маъмурии намуди дигарро пешбинӣ накунад, мақомоти маъмурӣ санади маъмуриро бо тартиби расмиёти маъмурии оддӣ таҳия менамояд.

Моддаи 56. Расмиёти маъмурми оддӣ

Расмиёти маъмурии оддӣ фаъолияти мақомоти маъмурӣ оид ба таҳия ва қабули санадҳои маъмурие мебошад, ки таҳқиқи ҳолатҳоро бо иштироки тарафҳои манфиатдор ва доир намудани муҳокимаи шифоҳиро талаб намекунад.

Моддаи 57. Расмиёти маъмурии расмӣ

1. Расмиёти маъмурии расмӣ фаъолияти мақомоти маъмурӣ оид ба таҳия ва қабули санадҳои маъмурӣ бо риояи талаботи муқаррарнамудаи параграфи 8 боби мазкур мебошад.

2. Санади маъмурӣ дар асоси расмиёти маъмурии расмӣ танҳо дар сурате қабул мегардад, ки инро бевосита қонун пешбинӣ намуда ё бо ташаббуси мақомоти маъмурӣ қабул гардида бошад.

Моддаи 58. Расмиёти маъмурии оммавӣ

Расмиёти маъмурии оммавӣ фаъолияти мақомоти маъмурӣ оид ба таҳия ва қабули санадҳои маъмурии ҳуқуқие мебошад, ки ба манфиати доираи номаҳдуди шахсон дахл мекунад.

§ 8. Расмиёти маъмурии расмӣ
Моддаи 59. Иштироки тарафи манфиатдор дар расмиёти маъмурии расмӣ

1. Мақомоти маъмурӣ ҳама тарафҳои манфиатдорро дар бораи оғози расмиёти маъмурии расмӣ хабардор менамояд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

2. Рад намудани тарафи манфиатдор аз иштирок дар расмиёти маъмурӣ расмиёти маъмурии расмиро бознамедорад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

3. Тарафи манфиатдор метавонад фикру мулоҳизаҳои худро дар мавриди ҳама ҳолатҳои расмиёти маъмурӣ пешниҳод намояд.

Моддаи 60. Шоҳид ва коршинос дар расмиёти маъмурии расмӣ

1. Дар ҷараёни расмиёти маъмурии расмӣ шоҳид вазифадор аст баёнот диҳад, коршинос бошад, хулоса пешниҳод кунад. Гирифтани баёнот ё хулоса тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

2. Даст кашидан аз додани баёнот ё хулоса боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун мегардад.

3. Дар ҷараёни расмиёти маьмурии расмӣ тарафи манфиатдор ҳақ дорад шоҳидон, коршиносонро ҷалб намояд.

4. Ба тарафи манфиатдор бояд имкон дода шавад, ки нуқтаи назари худро нисбати хулосаи коршинос ё баёноти шоҳид баён намояд.

5. Тарафи манфиатдор ҳақ дорад дар пурсиши шоҳид ё коршинос иштирок кунад, ба онҳо саволҳо диҳад, бо хулосаи хаттии коршинос шинос шавад, ҳангоми азназаргузаронии объект, ҷойе, ки ба қабули санади маъмурӣ вобаста аст, ҳузур дошта бошад.

6. Ҳароҷоти тарафи манфиатдор вобаста ба даъвати шоҳид ва коршинос аз ҷониби тарафи манфиатдор пардохт карда мешавад.

Моддаи 61. Муҳокимаи шифоҳӣ

1. Мақомоти маъмурӣ дар асоси далелҳое, ки ҳангоми доир намудани муҳокимаи шифоҳӣ таҳқиқ карда шудаанд, қарор қабул менамояд.

2. Тарафҳои манфиатдор бояд на камтар аз 7 рӯз қабл аз доир гардидани муҳокимаи шифоҳӣ огоҳ карда, ба муҳокимаи шифоҳӣ даъват карда шаванд.

3. Дар даъватнома, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, ҳуқуқи мақомоти маъмурӣ ба баррасӣ ва ҳал намудани парванда бе иштироки тарафи манфиатдор зикр карда мешавад.

4. Агар шумораи тарафҳои манфиатдор аз 50 нафар зиёд бошад, мақомоти маъмурӣ ҳаҳ дорад тарафҳои манфиатдорро ба муҳокимаи шифоҳӣ бо роҳи хабардор намудани аризадиҳандае, ки имзои он дар ариза аввал аст, дастраси умум ё интишор намудани хабар дар нашрияи расмӣ даъват кунад. Дар хабарнома бояд масъалае, ки доир ба он муҳокимаи шифоҳӣ баргузор мегардад, номи мақомоти маъмурие, ки муҳокима доир мекунад, асосҳои оғози расмиёти маъмурӣ, вақт ва ҷойи муҳокимаи шифоҳӣ зикр карда шаванд.

Моддаи 62. Тартиби гузаронидаии муҳокимаи шифоҳӣ

1. Муҳокимаи шифоҳӣ ошкоро гузаронида мешавад. Раисикунанда бо мақсади таъмини ҳифзи сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ё шахсии тараф бо ташаббуси худ ё бо дархости тарафи манфиатдор ҳуқуқ дорад муҳокимаи шифоҳиро пӯшида эълон кунад.

2. Раис шахси мансабдори ваколатдори мақомоти маъмурӣ буда, муҳокимаи шифоҳиро мекушояд ва роҳбарӣ менамояд.

3. Шахсони мансабдори ваколатдори мақомоти маъмурӣ, намояндаи мақомоти болоӣ, тарафҳои манфиатдор, намояндаҳои онҳо, коршинос, шоҳидон ҳуқуқи дар муҳокимаи шифоҳӣ иштирок карданро доранд.

4. Раисикунанда ӯҳдадор аст дар муҳокимаи шифоҳӣ таҳқиқи ҳолатҳоеро, ки барои парванда аҳамият доранд, таъмин намояд ва ба тарафи манфиатдор имкон диҳад, ки нуқтаи назари худро нисбати парванда изҳор намояд.

5. Тарафи. манфиатдор ҳақ дорад дар мавриди ҳолатҳое, ки барои парванда аҳамият доранд, дархост изҳор намояд.

6. Риояи тартибро дар муҳокима раисикунанда таъмин менамояд. Ӯ ҳақ дорад огоҳ кунад, дар ҳолатҳои махсус бошад - шахсеро, ки тартибро вайрон мекунад, аз толор хориҷ намояд.

7. Муҳокима метавонад бе иштироки шахси аз толор хориҷгардида низ идома дода шавад.

Моддаи 63. Протоколи муҳокимаи шифоҳӣ

1. Ҳангоми муҳохимаи шифоҳӣ протокол тартиб дода мешавад.

2. Дар протоколи муҳокимаи шифоҳӣ бояд ин чизҳо зикр карда шаванд:

- мавзӯи муҳокимаи шифоҳӣ, шарҳи мухтасари аризаи пешниҳодшуда;

- номи мақомоти маъмурӣ;

- вақт ва ҷойи гузаронидани ҷаласа;

- фамилия, ном, номи падар ва мансаби раисикунанда, тарафҳои манфиатдор, коршиносон, шоҳидон;

- шарҳи мухтасари натиҷаҳои азназаргузаронии объект, ҷое, ки ба қабули санади маъмурӣ вобаста аст.

3. Протоколи муҳокимаи шифоҳиро котиб дар мӯҳлати 3 рӯз тартиб дода, онро раисикунанда ва котиб имзо мекунанд.

4. Тарафҳои манфиатдори дар парванда иштироккунанда ҳақ доранд бо протоколи муҳокима шинос шаванд ва дар муддати се рӯзи баъди имзои он мулоҳизаҳои худро пешниҳод намоянд.

5. Мулоҳизаҳоро нисбати протокол раисикунанда баррасӣ менамояд ва дар сурати розӣ будан бо мулоҳизаҳо онҳоро тасдиқ мекунад, вале дар сурати розӣ набудан бо онҳо дар бораи пурра ё қисман рад кардани онҳо ба таври хаттӣ хабардор мекунад. Мулоҳизаҳо ба парванда замима карда мешаванд.

Моддаи 64. Қабули санади маъмурӣ

1. Санади маъмурӣ дар давоми 7 рӯзи баъди ба анҷом расидани муҳокима қабул карда мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад,

2. Тарафи манфиатдор ҳақ дорад тибқи тартиби пешбининамудаи моддаи 19 Кодекси мазкур бо санади маъмурӣ шинос шавад.

Моддан 65. Расмаёти маъмурии расмие, ки мақомоти маьмурии коллегиалӣ анҷом медиҳад

1. Агар расмиёти маъмурии расмӣ ба тариқи коллегиалӣ баррасӣ карда шавад, ҳама аъзои мақомоти коллегиалии маъмурӣ ҳақ доранд вобаста ба ҳолатҳои парванда саволҳо диҳанд.

2. Дар овоздиҳие, ки вобаста ба қабули санади маъмурӣ гузаронида мешавад, танҳо он аъзои мақомоти коллегиалии маъмурӣ ҳаққи иштирок кардан доранд, ки дар муҳокимаи шифоҳӣ иштирок намудаанд.

§ 9. Расмиёти маъмурии оммавӣ
Моддаи 66. Қабули санади ҳуқуқии маъмурӣ бо татбиқи расмиёти маъмурии оммавӣ

1. Санади ҳуқуқки маъмурӣ тибқи тартибе, ки ин боб муқаррар намудааст, танҳо дар ҳолате қабул мегардад, ки инро қонун бевосита пешбинӣ намояд.

2. Санади ҳуқуқии маъмурӣ бо қарори мақомоти маъмурӣ, тибқи тартибе, ки ин боб муқаррар намудааст, метавонад ҳамчунин дар ҳолате қабул гардад, ки он ба манфиатҳои доираи васеи шахсон дахл дошта бошад.

3. Дар ҳолати дар қисми дуюми ин модда зикршуда, қарорро бояд шахси мансабдори мақомоти маъмурӣ бо розигии мақомоти маъмурии болоӣ (шахси мансабдор) қабул намояд.

4. Агар қонун тартиби дигаре муқаррар накарда бошад, расмиёти маъмурии оммавӣ тибқи таъиноти ин модда сурат мегиранд.

Моддаи 67. Интишори ахбор оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои шиносоии оммавӣ

1. Мақомоти маъмурӣ ӯҳдадор аст тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ахборро оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои шиносоии оммавӣ интишор намояд.

2. Дар ахбор бояд инҳо зикр карда шаванд:

- мақомоти маъмурие, ки дар он расмиёти маъмурӣ анҷом дода мешавад ва суроғаи он. Агар бо маводи расмиёти маъмурӣ дар дигар мақомоти маъмурӣ низ шинос шудан мумкин бошад, онгоҳ ном ва суроғаи ин мақомот;

- мазмуни мухтасари аризаи маъмурӣ ё (ва) қарори мақомоти маъмурӣ оид ба оғози расмиёти маъмурӣ;

- мӯҳлатҳои қабули санади ҳуқуқии маъмурӣ;

- мӯҳлати пешниҳоди мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои худ.

Моддаи 68. Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки барои шиносоии оммавӣ аз тарафи мақомоти маъмурӣ пешниҳод карда мешаванд

1. Мақомоти маъмурӣ барои шиносоии оммавӣ бояд номгӯи ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

- аризаи маъмурӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашаванда, инчунин қарори мақомоти маъмурӣ оид ба оғози расмиёти маъмурӣ;

- фикру мулоҳиза, ки ба мақомоти маъмурӣ вобаста ба ин изҳорот пешниҳод шудааст;

- номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки барои шиносоии оммавӣ пешниҳод карда мешаванд.

2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд бо ҳуҷҷатҳои барои шиносоии оммавӣ ба мақомоти маъмурӣ пешниҳодгардида, ки дар он расмиёти маъмурии оммавӣ сурат мегиранд, бе монеа шинос шаванд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ё бо қарори асосноки мақомоти маъмурӣ ҳуҷҷатҳои расмиёти маъмурии оммавӣ барои шиносоии оммавӣ метавонанд ҳамчунин дар дигар мақомоти маъмурӣ бо розигии он пешниҳод карда шаванд.

3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд нусхаҳои ҳуҷҷатҳои барои шиносоии оммавӣ пешниҳодгардидаро бо ҷуброни хароҷоти тайёр кардани нусхаҳо талаб намоянд.

Моддаи 69. Тартиби пешниҳоди таклифҳо

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд пешниҳодҳои худро дар шакли хаттӣ дар муддати 20 рӯзи баъди барои шиносоии оммавӣ пешниҳод гардидани хабар оид ба қабули санади ҳуқуқии маъмурӣ ё лоиҳаи санади ҳуқуқии маъмурӣ манзур намоянд.

2. Ин ҳуқуқ бояд дар хабар оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои шиносоии оммавӣ зикр карда шавад.

3. Мақомоти маъмурӣ ӯҳдадор аст дар ҳуҷҷат рӯзи бақайдгирии онро зикр намояд.

4. Мақомоти маъмурӣ пешниҳодҳои манзурнамудаи шахсони манфиатдорро дар давоми як рӯзи баъди бақайдгирӣ ба дигар мақомоти маъмурии дахлдор мефиристад.

Моддаи 70. Муҳокимаи шифоҳӣ дар расмиёти маъмурии оммавӣ

Дар ҷараёни расмиёти маъмурии оммавӣ бояд муҳокимаи шифоҳӣ тибқи тартиби мӯқаррарнамудаи моддаҳои 61-64 Кодекси мазкур баргузор карда шавад.

Моддаи 71. Қабули санади ҳуқуқии маъмурӣ ҳангоми расмиёти маъмурии оммавӣ

1. Мақомоти маъмурӣ дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯзи баъди баргузор гардидани муҳокимаи шифоҳӣ санади ҳуқуқии маъмуриро қабул менамояд.

2. Санади ҳуқуқии маъмурие, ки дар асоси расмиёти маъмурии оммавӣ қабул гардидааст, бояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 17 Кодекси мазкур ҳатман интишор карда шавад.

3. Агар дар қонун имконияти ба таъхир гузоштани қабули санади ҳуқуқии маъмурӣ пешбинӣ гардида бошад, мақомоти маъмурӣ ба таъхир гузоштани қабули ин санади ҳуқуқии маъмуриро пешакӣ эълон мекунад.

БОБИ 4. ИҶРОИ САНАДИ МАЪМУРӢ

Моддаи 72. Мақомоти маъмурии ваколатдоре, ки санади ҳуқуқии маъмуриро барои иҷроиш равон мекунад

1. Санади маъмуриро мақомоти маъмурие, ки онро қабул намудааст, иҷро мекунад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

2. Мавриди иҷро қарор додани санади маъмурӣ бо супориши мақомоте, ки санади маъмуриро қабул намудааст, метавонад аз ҷониби мақомоти маъмурии поёнӣ ё дигар мақомоти маъмурӣ сурат гирад. Дар ин ҳолат талаботи боби 1 Кодекси мазкур нисбат ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз тарафи мақомоти маъмурӣ татбиқ мегардад.

3. Мақомоти маъмурӣ метавонад ваколатро оид ба гардиши иҷрои санади маъмурӣ якдафъаина ё ба мӯҳлати муайян ба дигар мақомоти маьмурӣ вогузор намояд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 929).

4. Ҳуқуқи мавриди иҷро қарор доданро танҳо шахси мансабдоре дорад, ки мавриди иҷро қарор додани санади маъмуриро вазифаи хизматиаш ба зиммаи ӯ вогузор намудааст.

Моддаи 73. Тартиби гардиши иҷрои санади маъмурӣ

1. Мақомоти маъмурии масъул оид ба мавриди иҷро қарор додан ӯҳдадор аст, ки ваколатҳои бо қонун ба зиммааш вогузоршударо танҳо дар доирае, ки барои таъмини мавриди иҷро қарор додани санади маъмурӣ заруранд, анҷом диҳад.

2. Ваколатҳои мақомоти маъмурии масъул оид ба мавриди иҷро қарор додани санади маъмурӣ метавонанд аз ҷониби мақомоти маъмурии болоӣ маҳдуд карда шаванд.

Моддаи 74. Боздоштани иҷрои санади маъмурӣ

Бо дархости тарафи манфиатдор мақомоти маъмурӣ ӯҳдадор аст, ки иҷрои санади маъмуриро дар ҳолатҳои зерин боздорад:

- фавти шахс ё азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ, агар ин муносибати ҳуқуқӣ ворисияти ҳуқуқиро раво донад;

- бо тартиби суди мавриди баҳс қарор додани санади маъмурӣ, дар ҳолате, ки чунин баҳсро қонун иҷозат диҳад;

- пешниҳоди шикояти маъмурӣ ба мақомоти маъмурӣ нисбати санади маъмурӣ.

Моддаи 75. Мӯҳлатҳои боздоштани иҷрои санади маъмурӣ

1. Иҷрои санади маъмурӣ дар ҳолатҳои зерин боздошта мешавад:

- дар ҳолатҳои пешбининамудаи банди 1 моддаи 74 Кодекси мазкур то муайян намудани вориси ҳуқуқии шахс;

- дар ҳолатҳои пешбининамудаи бандҳои 2 ва 3 моддаи 74 Кодекси мазкур,то эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд ё таъиноти суд дар бораи рад кардани қонеъгардонии даъво ё қарори мақомоти маъмурӣ дар бораи рад кардани қонеъгардонии шикояти маъмурӣ.

2. Иҷрои санади маъмурӣ бо ташаббуси мақомоти маъмурӣ баъди бартараф гардидани ҳолатҳое, ки боиси боздоштани он гардидаанд, барқарор карда мешавад.

Моддаи 76. Ба таъхир андохтани иҷрои санади маъмурӣ

Дар сурати мавҷуд будани ҳолатҳое, ки дар натиҷаи онҳо иҷрои таъхирнопазири санади маъмурӣ имконпазир нест, мақомоти маъмурӣ, ки санади маъмуриро қабул кардааст, метавонад иҷрои ин санадро ба мӯҳлати то як моҳ ба таъхир андозад.

Моддаи 77. Қатъ памудани иҷрои санади маъмурӣ

Мақомоти маъмурие, ки санади маъмуриро қабул кардааст, иҷрои онро дар ҳолатҳои фавти шахс ё барҳамдиҳии шахси ҳуқуқие, ки нисбати ӯ санади маъмурӣ қабул гардидааст, қатъ менамояд.

Моддаи 78. Мӯҳлати иҷрои санади маъмурӣ

1. Санади маъмурӣ дар муддати як моҳи баъд аз қабул гардиданаш бояд ба иҷро расонида шавад. Мақомоти маъмурӣ дар ҳолатҳои мавҷуд будани сабабҳои узрнок метавонад мӯҳлати иҷрои санади маъмуриро дароз намояд.

2. Дар сурати боздоштани иҷрои санади маъмурӣ тибқи моддаи 15 Кодекси мазкур ҷараёни мӯҳлати иҷро то муқаррар гардидани ҳолатҳое, ки асоси боздоштан гардидаанд, боздошта мешавад.

3. Дар сурати ба таъхир андохтани иҷрои санади маъмурӣ тибқи моддаи 76 Кодекси мазкур ҷараёни мӯҳлати иҷро то гузаштани мӯҳлати ба таъхир аыдохтаы боздошта мешавад.

4. Барои иҷрои намудҳои алоҳидаи санадҳои маъмурӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мӯҳлатҳои дигарро муқаррар кунад.

5. Талаботи ин модда дар ҳолати қасдан вайрон кардани мӯҳлати иҷрои санади маъмурӣ аз ҷониби мақомоти маъмурӣ татбиқ карда намешавад.

Моддаи 79. Ҳатмӣ будани иҷрои талаботи мақомоти маъмурии ваколатдор

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд талаботи қонунии мақомоти маъмурии ваколатдорро дар мавриди иҷрои санади маъмурӣ иҷро кунанд.

2. Агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар накарда бошанд, шахс ҳақ дорад аз иҷрои талаботе, ки бо иҷрои санади маъмурӣ вобаста аст, саркашӣ намояд, ба шарте, ки ин хилофи ӯҳдадориҳое бошад, ки қонун ба зиммаи ӯ вогузор намудааст, ё боиси ошкор гардидани сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ё шахсӣ шавад, ки ӯҳдадории риояи онро қонун ба зиммаи ӯ гузоштааст.

Моддаи 80. Қарор оид ба татьмини иҷро

1. Мақомоти маъмурӣ бо мақсади иҷрои санади маъмурӣ метавонад нисбати дигар шахсон ягон амали пешбининамудаи қонунро танҳо дар сурати қабул гардидани қарор дар бораи таъмини иҷро анҷом диҳад.

2. Қарор дар бораи таъмини иҷро дар шакли хаттӣ, ба истиснои асосҳое, ки дар қисми дуюми моддаи 81 Кодекси мазкур омадааст, таҳия мегардад ва санади маъмурӣ мебошад.

3. Қарор дар бораи таъмини иҷро метавонад дар дохили матни санади маъмурие, ки бояд иҷро гардад, зикр шуда бошад.

4. Дар қарор дар бораи таъмини иҷро бояд санади маъмурие, ки ҷиҳати иҷрои он қарор қабул гардидааст, зикр карда шавад.

5. Дар қарор дар бораи таъмини иҷро бояд воситаи барои таъмини иҷро истифодашавандае, ки моддаи 84 Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, зикр карда шавад.

6. Дар сурати ғакриимкон будани истифодаи як воситаи таъмини иҷро бояд санади маъмурӣ дар бораи истифодаи дигар воситаи иҷро қабул карда шавад.

7. Дар қарор дар бораи таъмини иҷро бояд андозаҳо ва тартиби ҷуброни хароҷот зикр карда шавад. Мақомоти маъмурӣ ҳақ дорад мутобиқ ба амалҳое, ки бо мақсади иҷрои санади маъмурӣ анҷом додааст, минбаъд андозаи хароҷотро тағйир диҳад.

Моддаи 81. Расмиёти маъмурӣ вобаста ба қабули қарор дар бораи таъмини иҷро

1. Нисбати расмиёти маъмурие, ки бо қабули қарор дар бораи таъмини иҷро вобаста мебошад, талаботи муқаррарнамудаи моддаҳои 44-48 Кодекси мазкур истифода намегарданд.

2. Дар ҳолатҳои таъхирнопазир, ҳангоме ки ба амнияти давлат ё ҷамъият, саломатии аҳолӣ, ҳаёти одамон хатар таҳдид менамояд, қарор дар бораи таъмини иҷро метавонад дар шакли шифоҳӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 12 Кодекси мазкур қабул гардад.

Моддаи 82. Мӯҳлати иҷрои ихтиёрии санади маъмурӣ

1. Ба шахсе, ки нисбати ӯ воситаи таъмини иҷро истифода мегардад, бояд барои иҷрои ихтиёрии санади маъмурӣ мӯҳлат дода шавад.

2. Мақомоти маъмурӣ ӯҳдадор аст аниқ муайян намояд, ки иҷрои кадом амал бо мақсади иҷрои санади маъмурӣ ба шахс супурда мешавад.

3. Нисбати шахсе, ки талаботи санади маъмуриро дар мӯҳлати муқарраргардида иҷро кардааст, воситаи таъмини иҷро истифода карда намешавад. Талаботи дахлдорро дар мӯҳлати муқарраргардида иҷро намудани шахс барои аз зътибор соқит донистани қарор дар бораи иҷро асос мебошад.

Моддаи 83. Ҷуброни хароҷоти вобаста ба иҷрои санади маъмурӣ

Ба зиммаи шахсе, ки мӯҳлати барои иҷрои ихтиёрии санади маъмурӣ муқаррарнамудаи мақомоти маъмуриро гузаронидааст, ҷуброни хароҷоти санади маъмурӣ гузошта мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар накарда бошад.

Моддаи 84. Боситаҳои таъмини иҷрои санади маъмурӣ

1. Мақомоти маъмурӣ ҳақ дорад баъди гузаштани мӯҳлате, ки ба шахс барои иҷрои ихтиёрии санади маъмурӣ муайян намудааст, бо мақсади иҷрои санади маъмурӣ яке аз воситаҳои зерини таъмини иҷроро истифода намояд:

- вогузор кардани иҷрои санади маъмурӣ ба шахси дигар;

- ҷарима.

2. Мақомоти маъмурӣ ҳақ дорад танҳо воситаи таъмини иҷрои дар қарор дар бораи таъмини иҷро пешбинигардидаро истифода намояд.

3. Истифодаи воситаи таъмини иҷро бояд баъди иҷрои санади маъмурӣ қатъ карда шавад.

Моддаи 85. Вогузор кардани иҷрои санади маъмурӣ ба шахси дигар

1. Агар ба шахси дигар вогузор кардани иҷрои санади маъмурӣ имконпазир бошад, мақомоти маъмурӣ ҳақ дорад тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур иҷрои санадро ба шахси дигар вогузор кунад.

2. Ба шахсе, ки иҷрои санади маъмурӣ ба ӯ вогузор карда мешавад, хароҷоти иҷроро ҳамон мақомоти маъмурӣ ҷуброн менамояд. Мақомоти маъмурӣ ин хароҷотро мутобиқи қонун ё санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дахлдор ҷуброн менамояд.

Моддаи 86. Таъмини иҷро бо ҷарима

1. Агар санади маъмурӣ ба зиммаи шахс ӯҳдадории иҷрои амали муайян ё худдорӣ намудан аз содир намудани амали муайянро вогузор намояд ва ӯ ин ӯҳдадориро иҷро накунад, ба шахс метавонад ҷарима баста шавад.

2. Маблағи ҷарима бояд бо қарор дар бораи таъмини иҷро ба андозае, ки Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррар намудааст, муайян карда шавад.

3. Барои иҷро накардани ӯҳдадорӣ дар мавриди пардохти ҷарима шаҳс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.

Моддаи 87. Заминаҳои иҷрои маҷбурии санади маъмурӣ дар шакли пардохти пулӣ

1. Санади маъмурие, ки ба зиммаи шахс ӯҳдадории пардохтани маблағи муайянро вогузор мекунад, дар асоси варақаи иҷроия мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад.

2. Санади маъмурие, ки ба зиммаи шахс ӯҳдадории пардохтани маблағи муайянро вогузор мекунад, бо тартиби маҷбурӣ иҷро карда мешавад, агар он дар шакли хаттӣ бо риояи талаботи моддаи 13 Кодекси мазкур қабул гардида, шахс хаттӣ огоҳонида шуда бошад. Талаботи моддаи 86 Кодекси мазкур нисбати ин намуди иҷро истифода намегарданд.

Моддаи 88. Шикоят кардан аз болои қарор дар бораи таъмини иҷро

1. Тарафи манфиатдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, аз болои қарор дар бораи таъмини иҷро шикоят оварда метавонад.

2. Агар воситаи таъмин ва мӯҳлати иҷрое, ки бо қарор дар бораи таъмини иҷро муқаррар гардидааст, бевосита аз санади маъмурии бо мақсади иҷрои он қабулгардида, барояд, аз болои ин қарор танҳо якҷоя бо санади маъмурии дахлдор шикоят кардан мумкин аст.

БОБИ 5. МУРОФИАИ РАСМИЁТИ МАЪМУРӢ ДАР ДОХИЛИ МАҚОМОТИ МАЪМУРӢ ВОБАСТА БА ШИКОЯТИ МАЪМУРӢ АЗ БОЛОИ САНАДИ МАЪМУРӢ

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 929)

Моддаи 89. Ҳуқуқл шикоят кардан аз болои санади маъмурӣ

1. Тарафи манфиатдор аз болои санади маъмурие, ки мақомоти маъмурӣ қабул намудааст, ҳақ дорад шикоят оварад.

2. Аз тарафи мақомоти маъмурӣ вайрон кардани мӯҳлати муқарраргардидаи қабули санади маъмурӣ рад намудани қабули санади маъмурӣ эътироф карда мешавад ва аз болои он бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин боб шикоят карда мешавад.

Моддаи 90. Мақомоти маъмурие, ки шикояти маъмуриро баррасӣ менамояд

1. Шикояти маъмуриро мақомоти маъмурие, ки санади маъмуриро қабул намудааст, дар сурати доштани роҳбари шахси мансабдор, ё воҳиди сохтории санади маъмуриро қабулнамуда, баррасӣ ва ҳал мёнамояд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

2. Аз болои санади маъмурие, ки шахси мансабдори роҳбарикунандаи мақомоти маъмурӣ қабул кардааст, ба мақомоти маъмурии болоӣ шикоят карда мешавад.

3. Аризадиҳанда барои ҳифзи ҳуқуқ ё озодиҳои поймолгардидааш ҳуқуқ дорад бидуни муроҷиат ба мақомоти маъмурӣ бо шикоят ба суд муроҷиат кунад.

Моддаи 91. Саршавии расмиёти маъмурӣ вобаста ба шикояти маъмурӣ

1. Расмиёти маъмурӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин боб танҳо дар сурати пешниҳоди шикояти маъмурӣ ва ба қайд гирифтани он оғоз карда мешавад.

2. Шикояти маъмурӣ бояд дар шакли хаттй тартиб дода шавад ва ба талаботи Кодески мазкур ҷавобгӯ бошад.

Моддаи 92. Тартиби баррасии шикояти маъмурӣ

Расмиёти маъмурӣ вобаста ба шикояти маъмурӣ бо тартиби расмиёти маъмурии расмӣ, ки дар боби 3 Кодекси мазкур зикр шудааст, ба ғайр аз истисноҳои дар ин боб зикршуда анҷом дода мешавад.

Моддаи 93. Баррасӣ ва ҳалли шикояти маъмурӣ аз ҷониби мақомоти маъмурии коллегиалӣ

Ҳангоми баррасӣ ва ҳалли шикояти маъмурӣ аз ҷониби мақомоти маъмурии коллегиалӣ низ тартиби муқаррарнамудаи боби 3 Кодекси мазкур истифода карда мсшавад.

Моддаи 94. Мӯҳлати пешниҳоди шикояти маъмурӣ аз болои санади маъмурӣ

1. Шикояти маъмурӣ бояд дар давоми як моҳи баъди эътибори қонунӣ пайдо намудани санади маъмурӣ пешниҳод карда шавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад

2. Дар сурати гузарондани мӯҳлате, ки барои пешниҳод кардани шикоят аз болои санади маъмурӣ муқаррар карда шудааст ва агар ин мӯҳлат бо сабабҳои узрнок гузаронида шуда бошад, вале аз 1 сол зиёд набошад, он бояд барқарор карда шавад.

Моддаи 95. Мазмуни шикокти маъмурӣ

1. Дар шикояти маъмурӣ бояд зикр карда шаванд:

- номи мақомоти маъмурие, ки ба он шикояти маъмурӣ пешниҳод карда мешавад;

- фамилия, ном, номи падар ва суроғаи шахсе, ки шикояти маъмуриро пешниҳод мекунад;

- номи мақомоти маъмурие, ки аз санади маъмурӣ ё амалҳои он шикоят оварда мешавад;

- номи санади маъмурие, ки ба он шикоят оварда мешавад;

- моҳияти талабот;

- ҳолатҳое, ки талабот ба онҳо асос ёфтааст;

- намуди расмиёти маъмурӣ барои баррасии шикояти маъмурӣ;

- номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки ба шикояти маъмурӣ замима гардидаанд.

2. Агар ба шахси шикояти маъмурӣ оварда санади маъмурӣ супурда шуда бошад, нусхаи он ба шикояти маъмурӣ замима карда мешавад.

Моддаи 96. Рад кардани баррасии шикояти маъмурӣ

1. Мақомоти маъмурӣ шикояти маъмуриро баррасӣ намекунад, агар:

- ҳалнома ё таъиноти суд дар бораи аз даъво даст кашидани даъвогар оид ба ҳамон мавзӯи баҳс, дар бораи даъворо эътироф намудани ҷавобгар ё тасдиқи созиши оштии тарафҳо мавҷуд бошад;

- парванда дар бораи баҳси байни ҳамон тарафҳо, доир ба ҳамон мавзӯъ ва ҳамон асос дар мурофиаи судӣ бошад;

- қарори ин мақомот ё мақоми маъмурии болоӣ доир ба ҳамин масъала мавҷуд бошад;

- дар мақомоти маъмурии болоӣ расмиёти маъмурӣ доир ба ҳамин шикояти маъмурӣ дар баррасӣ бошад;

- баррасии шикояти маъмурӣ дар тобеияти мақомоти маъмурӣ набошад;

- шикояти маъмурӣ аз ҷониби шахсе пешниҳод шуда бошад, ки ба пешниҳоди чунин шикояти маъмурӣ ҳуқуқ надорад;

- мӯҳлате, ки қонун барои пешниҳоди шикояти маъмурӣ муқаррар намудааст, гузашта бошад;

- шикоятдиҳанда то баррасии ариза вафот карда бошад ё шахси ҳуқуқӣ барҳам хӯрда бошад.

2. Мақомоти маъмурӣ ӯҳдадор аст то қабули қарор дар бораи рад кардани баррасии шикояти маъмурӣ ба шахси шикояти маъмурӣ оварда имконият диҳад, ки нуқтаи назари худро доир ба масъалаи зикршуда пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 929).

Моддаи 97. Мӯҳлати баррасии шикояти маъмурӣ

1. Мақомоти маъмурии ваколатдор ӯҳдадор аст, ки шикояти маъмуриро баррасӣ намояд ва дар мӯҳлати як моҳ қарори дахлдор қабул кунад, агар крнунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, агар барои муқаррар намудани ҳолатҳое, ки барои парванда аҳамияти ҷиддӣ доранд, мӯҳлате зарур бошад, ки аз мӯҳлати барои баррасии шикояти маъмурӣ муқаррарнамудаи қонун зиёд аст, мақомоти маъмурӣ ҳақ дорад дар бораи дароз кардани мӯҳлати баррасии шикояти маъмурӣ қарори асоснок қабул намояд.

3. Мақомоти маъмурӣ ӯҳдадор аст, ки қарори дар қисми дуюми ин модда зикршударо на дертар аз 7 рӯз баъди оғози расмиёти маъмурӣ қабул кунад ва дар ин бора фавран шахси шикояти маъмурӣ овардаро огоҳ намояд.

4. Мӯҳлати баррасии шикояти маъмурӣ метавонад на бештар аз як моҳ дароз карда шавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистои тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

Моддаи 98. Боздоштани амали санади маъмурӣ дар сурати овардани шикоятм маъмурӣ

1. Амали санаде, ки аз он шикоят оварда шудааст, аз лаҳзаи ба қайд гирифтани шикояти маъмурӣ боздошта мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистои тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

2. Амали санади маъмурӣ боздошта намешавад, агар:

- ин боиси хеле зиёд шудани хароҷоти мақомоти маъмурӣ гардад;

- он санади маъмурие бошад, ки вобаста ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ қабул гардидааст;

- он дар вақти ҳолати фавқулодда ё ҳарбӣ дар асоси қонуни дахлдор қабул гардида бошад;

- ба таъхир гузоштани иҷрои он барои тартиботи ҷамъиятӣ ё амният таҳдиди ҷиддӣ ба вуҷуд оварад.

3. Тарафи манфиатдор тибқи тартиби муқарраргардида ҳақ дорад, ки дар мавриди барқарор намудани амали санади маъмурии боздошташуда ба мақомоти маъмурӣ дархост пешниҳод кунад.

Моддаи 99. Ҳуқуқи тағйир додан, беэътибор донистан ё аз эътибор соқит донистани санади маъмурӣ

1. Пешниҳоди шикояти маъмурӣ ҳуқуқи мақомоти маъмуриро, ки санади маъмуриро қабул намудааст, ба тағйир додан, беэътибор донистан ё аз эътибор соқит донистани он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур маҳдуд намесозад.

2. Дар сурати тағйир додан, беэътибор донистан ё аз эътибор соқит донистани санади маъмурӣ мақомоти маъмурӣ ӯҳдадор аст, ки дар муддати 5 рӯз мақомоти маъмуриеро, ки шикояти маъмуриро баррасӣ мекунад, дар ин бора огоҳ намояд.

Моддаи 100. Уҳдадории қабули санади маъмурӣ

1. Агар шикояти маъмурӣ вобаста ба вайрон кардани мӯҳлати барои қабули санади маъмурӣ муқарраргардида оварда шуда бошад, овардани шикояти маъмурӣ ӯҳдадориҳои мақомоти маъмурии дахлдорро дар мавриди қабули санади маъмурӣ, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун, бознамедорад.

2. Дар сурати қабули санади маъмурӣ аз ҷониби мақомоти маъмурии дахлдор расмиёти маъмурӣ доир ба шикояти маъмурӣ бо сабаби қабул нагардидани санади маъмурӣ бояд қатъ карда шавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

Моддаи 101. Давом додани расмиёти маъмурӣ дар сурати тағйир додан ё аз эьтибор соқит донистани санади маъмурӣ

Дар сурати тағйир додан ё аз эътибор соқит донистани санади маъмурӣ мақомоти маъмурие, ки санади маъмурии ба он шикоятовардаро қабул намудааст, бо талаби тарафи манфиатдор, ки мехоҳад санади маъмурии тағйирдодашуда ё аз эътибор соқит донисташударо беэътибор дониста шавад, бояд баррасии шикояти маъмуриро давом диҳад.

Моддаи 102. Даст кашидан аз шикояти маъмурӣ

1. Шахсе, ки шикояти маъмуриро овардааст, то аз ҷониби мақомоти маъмурӣ қабул гардидани қарор ҳақ дорад аз шикояти маъмурӣ даст кашад.

2. Даст кашидан аз шикояти маъмурӣ бояд дар шакли хаттӣ изҳор карда шавад. Ҳангоми муҳокимаҳои шифоҳӣ тарафи манфиатдор ҳақ дорад аз шикояти маъмурӣ даст кашидани худро изҳор намояд ва ин амал ба протокол ворид карда мешавад.

Моддаи 103. Доираи расмиёти маъмурӣ вобаста ба шикояти маъмурӣ

1. Мақомоти маъмурие, ки шикояти маъмуриро баррасӣ менамояд, шикояти маъмуриро дар доираи талаботи дар он зикршуда баррасӣ мекунад, агар санадҳои ҳуқуқии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошанд.

2. Дар сурати имконнопазир будани қабули қарор танҳо нисбати қисми санади маъмурие, ки аз болои он шикоят пешниҳод шудааст, мақомоти маъмурие, ки шикояти маъмуриро бо розигии хаттии аризадиҳанда баррасӣ менамояд, нисбати санади маъмурӣ дар маҷмӯъ қарор қабул мекунад, вале дар сурати розӣ набудани ин шахс дар бораи баррасӣ накардани шикояти маъмурӣ қарор қабул менамояд.

Моддаи 104. Иштироки мақомоти маъмурии санади маъмуриро қабулкарда дар расмиёти маъмурӣ вобаста ба шикояти маъмурӣ

1. Мақомоти маъмурие, ки ваколати баррасии шикоятро дорад, дар давоми 5 рӯзи баъди бақайдгирӣ нусхаи шикояти маъмуриро бо замимаи ҳуҷҷатҳо ба мақомоти маъмурие, ки санади маъмуриро қабул намудааст, мефиристад.

2. Мақомоти маъмурие, ки санади маъмурии аз болои он шикоят овардашударо қабул кардааст, ӯҳдадор аст дар давоми 5 рӯзи баъди гирифтани нусхаи шикояти маъмурӣ ба мақомоти маъмурие, ки шикоятм маъмуриро баррасӣ мекунад, ҳамаи маводи расмиёти маъмуриро вобаста ба ин санади маъмурӣ ва хулосаи хаттиро дар бораи шикояти маъмурӣ пешниҳод кунад.

3. Мақомоти маъмурии санади маъмуриро қабулкарда ҳангоми расмиёти маъмурӣ тамоми ҳуқуқҳо ва ваколатҳои тарафи манфкатдорро дорост, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муқаррар накарда бошад.

4. Мақомоти маъмурие, ки санади маъмуриро қабул кардааст, дар расмиёти маъмурӣ бояд ҳамчун намоянда ҳамон шахси мансабдори ҳамин мақомотро пешниҳод намояд, ки ҳуқуқи қабули санади маъмуриро дорад.

5. Дигар шахси мансабдори ин мақомоти маъмурӣ метавонад танҳо бо розигии мақомоти маъмурие, ки шикояти маъмуриро баррасӣ менамояд, намоянда шавад.

Моддаи 105. Пешниҳод кардани иттилооти иловагӣ аз ҷониби тарафҳои манфиатдор

Тарафе, ки шикояти маъмуриро пешниҳод кардааст, инчунин дигар тарафи манфиатдор иттилооти иловагии бо парванда алоқамандро ва дертар аз 5 рӯз то гузаронидани муҳокимаҳои шифоҳӣ пешниҳод мекунад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

Моддаи 106. Шиносоӣ бо маводи расмиёти маъмурӣ

1. Тарафҳои дар расмиёти маъмурӣ иштироккунанда мутобиқи моддаи 48 Кодекси мазкур бо маводи расмиёти маъмурӣ шинос мешаванд.

2. Мақомоти маъмурие, шикояти маъмуриро баррасӣ мекунад, ӯҳдадор аст, ки бо ташаббуси худ ё бо дархости яке аз тарафҳо иттилооти дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ё шахсиро ба тарафҳои манфиатдор надиҳад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

Моддаи 107. Тартиби баргузор кардани муҳокимаи шифоҳӣ

Муҳокимаи шифоҳӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи боби 3 Кодекси мазкур баргузор карда мешавад.

Муҳокимаи шифоҳӣ ошкоро гузаронида мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

Моддаи 108. Баррасӣ ва ҳалли шихояти маъмурӣ бе муҳокимаи шифоҳӣ

Агар ҳама тарафҳои манфиатдори дар расмиёти маъмурӣ ишгироккунанда ба баррасии парванда бе муҳокимаи шифоҳӣ розӣ бошанд, мақомоти маъмурӣ ҳақ дорад шикояти маъмуриро бе муҳокимаи шифоҳӣ баррасӣ ва ҳал намояд.

Моддаи 109. Огоҳ намудани тарафҳо дар бораи ҳолатҳои нав ошкоршуда

Агар ба мақомоти маъмурие, ки шикояти маъмуриро баррасӣ мекунад, баъди муҳокимаи шифоҳӣ ҳолатҳои наве маълум гарданд, ки барои парванда аҳамияти ҷиддӣ доранд, дар ин бора бояд тарафҳои манфиатдори дар расмиёти маъмурӣ иштироккунанда огоҳ карда шаванд ва ба онҳо бояд имкон дода шавад, ки нуқтаи назари худро доир ба ин масъала пешниҳод кунанд.

Моддаи 110. Қарори мақомоти маъмурӣ вобаста ба баррасии шикояти маъмурӣ

Мақомоти маъмурӣ дар натиҷаи баррасии шикояти маъмурӣ яке аз қарорҳои зеринро қабул мекунад:

- дар бораи қонеъ гардонидани шикояти маъмурӣ;

- дар бораи рад намудани қонеъгардонии шикояти маъмурӣ;

- дар бораи қисмаи қонеъ гардонидани шикояти маъмурӣ.

Моддаи 111. Қабули санади маъмурӣ вобаста ба шикояти маъмурӣ

Қарори мақомоти маъмурии дар натиҷаи баррасии шикояти маъмурӣ қабулнамуда санади маъмурӣ мебошад ва бояд ба талаботе, ки Кодекси мазкур нисбати санади маъмурӣ муқаррар намудааст, ҷавобгӯ бошад.

Моддаи 112. Тағйир додан, беэътибор донистан ё аз эътибор соқит донистани санади маъмурие, ки аз болои он шикоят оварда шудааст ва қабули санади нави маъмурӣ

1. Мақомоти маъмурӣ ҳақ дорад санади маъмуриеро, ки аз болои он шикоят пешниҳод шудааст, беэътибор ё аз эътибор соқит донад, инчунин ба он тағйирот ворид кунад.

2. Мақомоти маъмурӣ ҳақ дорад санади маъмуриро беэътибор ё аз эътибор соқит надонад, агар ҳангоми қабули он ба хатоҳои имлоӣ ва ё арифметикие, ки дар қисми якуми моддаи 20 Кодекси мазкур пешбинӣ гардидааст, роҳ дода шуда бошад.

3. Мақокоти маъмурии шикояти маъмуриро баррасикунанда ба ҷойи санади маъмурие, ки беэътибор ё аз эътибор соқит дониста шудааст, худаш, санади маъмурии навро бо талаби шахси шикоят пешниҳодкарда қабул менамояд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

4. Мақомоти маъмурии санади маъмуриро баррасикунанда ҳақ надорад худаш санади маъмурӣ қабул кунад, агар мутобиқи қонун ба қабул кардани он танҳо мақомоти маъмурие ҳуқуқ дошта бошад, ки санади маъмурии аз он шикоят пешниҳодшударо қабул намудааст.

Моддаи 113. Хароҷоти расмиёти маъмурӣ вобаста ба баррасии шикояти маъмурӣ

1. Ҳангоми баррасии шикояти маъмурӣ ситонидани боҷ манъ аст.

2. Ҳар як тараф ӯҳдадор аст хароҷоти он амалҳоеро ҷуброн намояд, ки дар бораи баррасии онҳо ҳамин тараф дархост пешниҳод кардааст.

БОБИ 6. МУРОФИАИ РАСМИЁТИ МАЪМУРӢ ДАР СУД

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 929)

§ 1. Муқаррароти асосии мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 929)

Моддаи 114. Доираи танзим

1. Боби мазкур тартиби мурофиавии баррасӣ ва ҳалли баҳсҳоро вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқие, ки Кодекси мазкур пешбинӣ мекунад, аз ҷониби судҳои салоҳияти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

2. Дар мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд муқаррароти Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд агар ин боб тартиби дигареро муқаррар накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 929).

Моддаи 115. Тобеияти судӣ

1. Мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи ин боб дар судҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ баҳсҳои вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқие, ки аз Кодекси мазкур бармеоянд, баррасӣ карда мешаванд.

2. Дар мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд баҳсҳои зерин метавонанд баррасӣ гарданд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 929):

- мутобиқати санади ҳуқуқии маъмурӣ ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ӯҳдадории мақомоти маъмурӣ оид ба ҷуброни зарар;

- ӯҳдадории мақомоти маъмурӣ оид ба қабули санади маъмурӣ ё анҷомдиҳии ягон амали дигар тибқи расмиёти маъмурӣ.

3. Даъво бояд ба суде пешниҳод карда шавад, ки барои баррасӣ ва ҳалли парвандаи маъмурӣ салоҳият дорад.

4. Дар сурати вайрон гардидани қоидаҳои тобеияти судӣ суд даъворо ба суд аз рӯи тобеият ирсол намуда, дар ин бора даъвогарро огоҳ менамояд.

5. Баҳси байни судҳо оид ба тобеяти судӣ бо таъиноти асосноки суди зинаи болоӣ ҳал карда мешавад.

Моддаи 116. Принсипи диспозитивӣ

1. Дар мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд тарафҳо аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои дар моддаи 37 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда истифода мебаранд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 929).

2. Мақомоти маъмурии дар мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд иштироккунанда метавонад парвандаро бо созиши оштии тарафҳо ба анҷом расонад, аз даъво даст кашад ё даъворо танҳо дар сурате эътироф намояд, ки ин хилофи қонун набошад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 929).

Моддаи 117. Норавоии ишткроки такрории судя дар баррасии парванда

Агар судя пештар дар расмиёти маъмурӣ ё дар мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд доир ба ин парванда иштирок карда бошад, наметавонад дар баррасии парванда иштирок намояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 929).

§ 2. Тарафҳо дар мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 929)

Моддаи 118. Иштироки мақомоти маъмурӣ дар мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 929)

Дар мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд ба ғайр аз шахсоне, ки дар моддаи 36 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд мақомоти маъмурие, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул кардааст ё ягон амалеро анҷом додааст, ки боиси оқибатҳои ҳуқуқӣ мегардад, иштирок мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 929).

Моддаи 119. Ба мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд ҷалб намудаии шахсони сеюм

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 929)

1. Суд то ба анҷом расидани мурофиаи расмиёти маъмурӣ ҳақ дорад шахсонеро, ки қарори суд ба манфиатҳои онҳо метавонад дахлдор бошад, дар бораи оғози мурофиаи расмиёти маъмурӣ огоҳ намояд ва онҳоро ба сифати шахсони сеюм ҷалб кунад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 929).

2. Дар хусуси ҷалб намудани шахси сеюм суд таъинот мебарорад.

§ 3. Далелҳои судӣ
Моддаи 120. Ӯҳдадории исбот

1. Даъвогар ӯҳдадор аст даъвои худро асоснок намояд ва далелҳои дахлдор пешниҳод кунад. Ҷавобгар ӯҳдадор аст эродҳои худро асоснок намояд ва далелҳои дахлдор пешниҳод кунад.

2. Ӯҳдадории исбот дар сурати пешниҳод гардидани даъво беэътибор донистан ё аз эътибор соқит донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ ба зиммаи ҷавобгар вогузор мегардад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

Моддаи 121. Шоҳид ва коршинос

1. Суд ӯҳдадор аст дар мӯҳлати на камтар аз се рӯз қабл аз баёнот додани шоҳид дар суд тарафро оид ба шахсияти шоҳид, вақт ва ҷойи баёнот додани ӯ огоҳ намояд.

2. Дар бораи таъинот оид ба таъин намудани экспертиза, бояд ҳама тарафҳо огоҳ карда шаванд. Агар суд мӯҳлати дигаре муқаррар накарда бошад, тараф ҳақ дорад дар давоми се рӯзи баъди қабули таъинот эродҳои худро оид ба предмет ва ҳаҷми экспертиза пешниҳод кунад.

3. Хулосаи коршинос бояд ба тарафҳое, ки ҳуқуки пешниҳод кардани эродҳоро доронд, фиристода шавад.

Моддаи 122. Талаб кардани далелҳо аз тарафи суд

1. Суд бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо ташаббуси худ далелҳоро талаб карда гирад.

2. Тарафҳо ҳақ доранд қабл аз таҳқиқ ва тафтиши далелҳо норозигии худро нисбат ба онҳо пешниҳод кунанд.

Моддаи 123. Ӯҳдадории мақомоти маъмурӣ оид ба пешниҳоди иттилоот ба суд

1. Мақомоти маъмурӣ ӯҳдадоранд бо талаби суд ҳуҷҷатҳо ва дигар иттилооти барои баррасӣ ва ҳалли парванда заруриро ба суд пешниҳод кунанд.

2. Мақомоти маъмурӣ метавонад оид ба рад намудан аз пешниҳоди иттилооти дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ё шахсӣ арз намояд, агар ин ба амнияти давдатӣ ё ҷамъиятӣ ё ки ба манфиати қонунии шахсони алоҳида таҳдид кунад.

3. Судя бо дархости тараф метавонад оид ба қонунӣ будани ради мақомоти маъмурӣ аз пешниҳоди иттилоот тибқи қисми дуюми моддаи мазкур таъинот қабул кунад. Дар сурати аз ҷониби суд ғайриқонунӣ эьтироф гардидани ради пешниҳоди иттилоот мақомоти маъмурӣ ӯҳдадор аст ҳуҷҷатҳо ё дигар иттилооти дахлдорро пешниҳод намояд.

Моддаи 124. Шинос шудан бо санадҳои судӣ

1. Шахсони иитирокчии парванда метавонанд дар суд бо санадҳои судии оид ба парванда қабулгардида, инчунин бо маводи ба суд пешниҳодшуда шинос шаванд.

2. Тараф ҳақ дорад нусхаҳои санадҳои судии оид ба парванда қабулгардидаро тавассути шӯъбаи коргузории суд гирад. Хароҷоти барои нусхабардорӣ заруриро тараф ҷуброн менамояд. Талаби пардохти дигар маблағи барои нусхабардорӣ мумкин нест.

§ 4. Мурофмаи расмиёти маъмурӣ дар суди зинаи аввал

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 929)

Моддаи 125. Даъво оид ба беэътибор донистан ё аз эътибор соқит донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ

1. Даъво метавонад бо талаби беэътибор донистан ё аз эътибор соқит донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ пешниҳод карда шавад.

2. Даъво дар сурате пешниҳод карда мешавад, ки санади ҳуқуқии маъмурӣ ё қисми он ба ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунии даъвогар зарари мустақим ва бевосита (инфиродӣ) мерасонад ё ғайриқонунӣ ҳуқуқҳои ӯро маҳдуд месозад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

3. Даъво бояд дар муддати шаш моҳи баъди шинос шудан бо санади ҳуқуқии маъмурӣ ё қароре, ки мутобиқан бо шикояти маъмурӣ вобаста аст, пешниҳод карда шавад.

Моддаи 126. Даъво оид ба қабули санади ҳуқуқии маъмурӣ

1. Даъво метавонад бо талаби қабули санади ҳуқуқии маъмурӣ пешниҳод карда шавад.

2. Даъво дар сурате пешниҳод карда мешавад, ки рад кардани мақомоти маъмурӣ аз қабули санади ҳуқуқии маъмурӣ ба ҳуқуқҳо ё манфиатҳои қонунии даъвогар зарар расонад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

Моддаи 127. Даъво оид ба анҷомдиҳии амалҳо

1. Даъво метавонад бо талаби анҷом додани амал ё худдорӣ намудан аз чунин амале, ки қабули санади ҳуқуқии маъмуриро дар назар надорад, пешниҳод карда шавад.

2. Даъво имконпазир аст, агар анҷомдиҳии амал аз ҷониби мақомоти маъмурӣ ё рад кардаки анҷомдиҳии амал ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии даъвогар зарар расонад.

Моддаи 128. Даъво оид ба эътироф намудан

Даъво оид ба эътироф намудан бо талаби муқаррар намудани мавҷуд будан ё набудани ҳуқуқ ё муносибати ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешавад, агар даъвогар ба ин манфиати қонунӣ дошта бошад.

Моддаи 129. Мурофиаи соддакардашудаи расмиёти маъмурӣ дар суд

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 929)

Судя ҳақ дорад, дар асоси дархости хаттии тарафҳо, дар мурофиаи судӣ даъворо дар ғайби тарафҳо баррасӣ ва ҳал намояд.

Моддаи 130. Мурофиаи суръатноки расмиёти маъмурӣ дар суд

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 929)

1. Судя метавонад бо дархости хаттии тараф дар бораи баррасии парванда бо тартиби суръатнок қарор қабул намояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 929).

2. Дар сурати баррасии парванда бо тартиби суръатнок судя ҳақ дорад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 929):

- ба шахсони сеюм барои пешниҳод кардани нуқтаи назари худ доир ба даъво мӯҳлат муқаррар накунад;

- мӯҳлати аз ҷониби тарафҳо пешниҳод кардани нуқтаи назари худ вобаста ба таъини экспертизаро муқаррар накунад;

- мӯҳлати аз ҷониби тарафҳо пешниҳод кардани нуқтаи назари худ дар мавриди хулосаи экспетизаро кӯтоҳ кунад.

Моддаи 131. Боздоштани амали санади ҳуқуқии маъмурие, ки аз он шикоят карда шудааст

1. Пешниҳоди даъво ба суд амали санади ҳуқуқии маъмуриеро, ки аз он шикоят шудааст, бозмедорад.

2. Амали санади ҳуқуқии маъмурӣ боздошта намешавад, агар:

- ин ба ворид намудани андозҳо, боҷҳо ё дигар пардохтҳои ҳатмӣ вобаста бошад;

- он дар вақти ҳолати фавқулодда ё ҳарбие, ки дар асоси қонуни дахлдор эълон шудааст, қабул шуда бошад.

3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми дуюми ҳамин модда, тараф ҳақ дорад бо дархости боздоштани амали санади ҳуқукии маъмурӣ ба суд муроҷиат намояд. Судя дар мӯҳлати се рӯз доир ба ин масъала қарор қабул мекунад.

Моддаи 132. Таъинот оид ба боздоштани амали санади ҳуқуқии маъмурӣ

1. Судя метавонад бо дархости тараф амали санади ҳуқуқии маъмурӣ қисми онро дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 21 ҳамин Кодекс дар сурати вуҷуд доштани шубҳаи асоснок нисбати қонунӣ будани санади ҳуқукии маъмурӣ ва ё агар иҷрои фаврии он ба тараф зиён расонад ё риояи ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунии онро ғайриимкон гардонад, боздорад.

2. Дархости тараф дар бораи боздоштани амали санади ҳуқуқии маъмурӣ метавонад ҳамчунин то пешниҳоди даъво низ изҳор карда шавад.

3. Судя дар мӯҳлати се рӯз дар мавриди дархости тараф қарор қабул менамояд.

4. Нусхаҳои қарори суд бояд дар давоми як рӯз ба тарафҳо фиристода шаванд.

5. Судя ҳақ дорад мӯҳлати боздории амали санади ҳуқуқии маъмурӣ ё қисми онро муқаррар кунад.

6. Агар мӯҳлат муқаррар нагардида бошад, таъиноти суд дар ҳолатҳои зерин эътибори худро гум мекунад:

- баробари эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд доир ба ин масъала;

- аз лаҳзаи даст кашидани даъвогар аз даъво ё шикояти маъмурӣ;

- аз лаҳзаи гузашнани мӯҳлати ба суд пешниҳод кардани даъво.

7. Агар санади ҳуқуқии маъмурии боздошташуда иҷро гардида бошад, суд метавонад таъинот оид ба боздоштани амали санади маъмуриро бекор кунад.

8. Дар сурати вуҷуд доштани ҳолатҳои нави маълумгардида суд ҳақ дорад дар асоси дархости тараф таъинот дар бораи боздоштани амали санади ҳуқуқии маъмуриро тағйир диҳад ё бекор кунад.

Моддаи 133. Таъинот оид ба қабули санади ҳуқуқии маъмурӣ ё анҷомдиҳии амал

1. Судя ҳақ дорад дар асоси даъвоҳое, ки дар моддаҳои 126-127 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, бо дархости тараф дар бораи қабули санади ҳуқуқии маъмурӣ, дар бораи анҷомдиҳии амал ё худдорӣ намудан аз амал аз ҷониби мақомоти маъмурӣ таъинот барорад.

2. Дархости тараф метавонад ҳамчунин то пешниҳоди даъво низ изҳор карда шавад.

3. Дархости тарафро суде, ки барои баррасии даъво оид ба ин масъала салоҳият дорад, баррасӣ менамояд.

Моддаи 134. Ҳалномаи суд нобаста ба даъво дар бораи беэътибор донистан ё аз эътибор соқит донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ

1. Агар санади ҳуқуқии маъмурӣ ғайриқонунӣ бошад, суд дар робита бо даъвое, ки дар моддаи 125 Кодекси мазкур зикр шудааст, дар бораи беэътибор донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ ҳалнома мебарарад.

2. Агар санади ҳуқуқии маъмурӣ то баровардани ҳалномаи суд иҷро гардида бошад, суд бо дархости тараф дар ҳалнома тартиби бекор кардани иҷроро зикр менамояд.

3. Дар сурати аз эътибор соқит донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ то баровардани ҳалномаи суд, суд ҳақ дорад дар сурати вуҷуд доштани манфиатҳои қонунии тараф ва бо дархости он санади ҳуқуқии маъмурии мазкурро беэътибор донад.

4. Агар суд эътироф намояд, ки санади ҳуқуқии маъмурӣ бе муайян ва арзёбӣ намудани ҳолатҳое, ки барои парванда аҳамияти зиёд доранд, қабул шудааст, он ҳақ дорад, масъалаи баҳснокро ҳал накарда, санади ҳуқуқии маъмуриро беэътибор донад ва ба мақомоти -маъмурӣ супориш диҳад, ки баъди муайян ва арзёбӣ намудани ин ҳолатҳо санади ҳуқуқии маъмурии нав қабул намояд. Суд ин ҳалномаро мебарорад, агар барои беэътибор донистани санади ҳуқуқии маъмурии манфиати таьхирнопазири қонунии тараф вуҷуд дошта бошад.

5. Ҳалномаи суд дар бораи беэътибор донистани, санади ҳуқуқии маъмурӣ эътибори ҳангомӣ дорад. Агар беэътибор донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ ба амнияти давлатӣ ё ҷамъиятӣ сахт таҳдид намояд ё боиси хеле зиёд гардидани хароҷоти буҷети давлатӣ шавад, суд ҳақ дорад ба ҷойи беэътибор донистаии санади ҳуқуқии маъмурӣ онро аз эътибор соқит донад.

6. Қисми хулосавии ҳалномаи суд бояд бо ҳамон тартибе, ки санади ҳуқуқии маъмурӣ интишор гардида буд, интишор карда шавад.

Моддаи 135. Ҳалломаи суд вобаста ба даьво дар бораи қабули санади ҳуқуқии маъмурӣ

Агар рад кардани қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ ғайриқонунӣ бошад ё мӯҳлати қабули санади ҳуқуқии маъмурӣ вайрон гардида бошад, суд вобаста ба даъвое, ки дар моддаи 126 Кодекси мазкурзикр шудааст, ҳалнома мебарорад, ки дар он ба мақомоти маъмурӣ супурда мешавад, ки санади ҳуқуқии маъмурӣ қабул карда шавад. Судя бо дархости тарафҳо мӯҳлати қабули санади ҳуқуқии маъмуриро муқаррар мекунад.

БОБИ 7. РАСМИЁТИ МАЪМУРӢ ВОБАСТА БА ШИКОЯТИ МАЪМУРӢ БА САНАДИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ МАЪМУРӢ

Моддаи 136. Тартиби расмиёти маъмурӣ вобаста ба шикояти маъмурӣ ба санади меъёрии ҳуқуқии маъмурӣ

1. Расмиёти маъмурӣ аз рӯи шикояти маъмурӣ ба санади меъёрии ҳуқуқии маъмурӣ аз ҷониби комиссияи маъмурии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ба амал бароварда мешавад.

2. Расмиёти маъмурӣ тибқи тартиби расмиёти маъмурии оддии дар боби 3 Кодекси мазкур пешбинишуда, ба истиснои расмиёти дар ин боб зикргардида, анҷом дода мешавад.

Моддаи 137. Асосҳо барои оғози расмиёти маъмурӣ

Асосҳо барот оғози расмиёти маъмурӣ инҳоянд:

- шикояти маъмурӣ;

- санади суд;

- санади прокурор;

- ташаббуси комиссияи маъмурӣ.

Моддаи 138. Пешниҳоди шикояти маъмурӣ

1. Шикояти маъмурие, ки ба комиссияи маъмурӣ пешниҳод карда мешавад, бояд дар шақли хаттӣ тартиб дода шавад. Шикояти маъмурӣ инҳоро дар бар мегирад:

- номи комиссияи маъмурӣ;

- фамилия, ном, номи падар ва суроғаи шахси манфиатдоре, ки шикояти маъмурӣ пешниҳод мекунад;

- моҳияти талабот;

- асоснокии талаботе, ки ба қонун асос ёфтааст;

- санаи пешниҳоди шикояти маъмурӣ ва имзои шахси манфиатдоре, ки шикояти маъмуриро пешниҳод мекунад;

- номгӯйи ҳуҷҷатҳои ба шикояти маъмурӣ замимашаванда.

2. Ба шикояти маьмурӣ бояд ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки ӯҳдадории пешниҳод кардани онҳоро қонун пешбинӣ намудааст, замима қарда шаванд.

3. Шахси манфиатдоре, ки шикояти маъмуриро пешниҳод мекунад, ҳақ дорад ҳамаи дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки метавонанд барои қабули қарори комиссияи маъмурӣ асос бошанд, ба комиссияи маъмурӣ пешниҳод намояд.

Моддаи 139. Мӯҳлат дар расмиёти маъмурӣ

Ҳангоми ҳисоби мӯҳлати расмиёти маъмурӣ тартиби муқаррарнамудаи моддаи 43 Кодекси мазкур татбиқ мегардад.

Моддаи 140. Қабули қарори комиссияи маъмурӣ

1. Агар қонун тартиби дигаре муқаррар накарда бошад, комиссияи маъмурӣ шикояти маъмуриро баррасӣ намуда, санадҳои маъмурии зеринро қабул менамояд:

- бетағйир мондани санади меъёрии ҳуқуқии маъмурӣ;

- бекор қардани санади меъёрии ҳуқуқии маъмурӣ;

- бекор кардани ягон қисми санади меъёрии ҳуқуқии маъмурӣ;

- уҳдадор намудани мақомоти маъмурӣ оид ба қабули санади меъёрии ҳуқуқии маъмурии дорои мазмуни дигар;

- муқаррар кардани он ки оё санади меъёрии ҳуқуқии маъмурии аз эътибор соқит донисташуда қонунӣ ё ғайриқонунӣ буд.

2. Иҷрои санади маъмурие, ки комиссияи маъмурӣ қабул намудааст, аз ҷониби мақомоти маъмурӣ дар мӯҳлатҳои муқарраркардаи санади маъмурӣ ҳатмист. Мӯҳлати мазкур наметавонад аз 2 моҳ зиёд бошад.

3. Аз болои қарори комиссияи маъмурӣ тарафи манфиатдор метавонад дар мӯҳлати 10 рӯз бо даъво ба суд муроҷиат кунад.

БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 141. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Кодекси мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботи Кодекси мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷмуҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

аз 7 феврали соли 2007 № 482 ш. Душанбе

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

аз 22 феврали соли 2007 № 274

ш. Душанбе

 

Ибрагимов Виктор Мухторович - Маъмури сомонаи расмӣ

Ношири мавод: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Шнб, 11/01/2020 - 21:57

Виктор Ибрагимов

Тоҷикӣ
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4.2 (12 овоз)

КОДЕКСИ ЗАМИНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 16/01/2020 - 16:06
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
КОДЕКС
Рақам: 
326
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
13.12.1996
 
Чопи нав бо дарназардошти тағйиру иловаҳо аз 12.12.1997 № 498, аз 14.05.1999 № 746, аз 12.05.2001 № 15, аз 28.02.2004 № 23
 
КОДЕКСИ ЗАМИНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №23, мод. 351; с. 1997, №23-24, мод. 333, фасли IV; с. 1999, №5, мод. 59; с. 2001, №4, мод.176; с. 2004, №2, мод. 55, №3, мод. 190; с. 2006, №7, мод. 347; с. 2008, №1, қ. 2, мод. 22, №6, мод. 463; с. 2011, №3, мод. 171; с. 2012, №4, мод. 269; №8, мод. 828)
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 199, аз 5.01.2008 № 357, 18.06.2008 № 405, аз 25.03.2011 № 704, аз 16.04.2012 № 819, аз 1.08.2012 № 891, аз 14.11.2016 № 1363, аз 23.12.2021 № 1823, №1824, № 1825, аз 19.07.2022 № 1902, аз 22.06.2023 № 1974)
Кодекси мазкур муносибатҳои заминистифодабариро танзим намуда, барои истифода ва ҳифзи замин, ҳосилхез кардани он, ҳифз ва беҳтар намудани муҳити табиат ва инкишофи баробари ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ шароит фароҳам меоварад.
Боби 1. ҚОИДАҲОИ АСОСӢ
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи замин
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи замин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891, аз 14.11.2016 № 1363).
Моддаи 1(1). Муносибатҳое, ки қонунгузории замин танзим менамояд
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Қонунгузории замин муносибатҳоро вобаста ба истифодабарӣ ва ҳифзи замин, инчунин муносибатҳои молумулкиро дар соҳаи заминистифодабарӣ, ки вобаста ба гирифтани (ба даст овардани) ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ба миён меоянд, ба танзим медарорад.
Муносибатҳои вобаста ба ҳифз ва истифодабарии захираҳои табиӣ, об, ҷангал, олами ҳайвонот ва дигар боигариҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист, минтақаҳо ва объектҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ҳавои атмосфера ва объектҳои махсуси таърихию фарҳангӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд. Меъёрҳои соҳаҳои номбурда вобаста ба муносибатҳои замин дар қисме амал менамоянд, ки агар ин муносибатҳоро қонунгузории замин танзим накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 1(2). Мафҳумҳои асосӣ
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- қитъаи замин - қисми замин бо ҳуқуқҳои муайян нисбат ба он, ки гурӯҳи муайян ва намуди иҷозатдодашудаи истифодабарӣ, сарҳади муайяншуда, майдон ва ҷойгиршавӣ дорад;
- заминистифодабаранда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки қитъаи замин ба ӯ бо ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарӣ ё бе ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарӣ дода шудааст (ба даст оварда шудааст);
- Фонди ягонаи давлатии замин - маҷмӯи қитъаҳои замини дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъбуда, ки аз гурӯҳи муайяни қитъаҳои замин бо таъиноти муайяни мақсаднок иборат мебошад;
- гурӯҳи замин - қисми Фонди ягонаи давлатии замин, ки бо таъиноти асосии мақсаднок ҷудо карда мешавад ва низоми муайяни ҳуқуқӣ дорад;
- таъиноти мақсадноки замин - истифодабарии қитъаҳои замин бо мақсадҳои дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқ ба қитъаи замин нишондодашуда;
- сервитут - ҳуқуқи шахс ва (ё) шахсон ба истифодаи маҳдуди қитъаи замини дар истифодаи дигар шахс қарордошта, ки бо тартиби муқарраргардида ба қайди давлатӣ гирифта шудааст;
- ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин - тибқи Кодекси мазкур ва қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бадастовардашавандаи (бадастовардашудаи) истифодабарии бемӯҳлат, мӯҳлатнок ё якумраи меросӣ ё дар асоси шартномаи иҷораи қитъаи замин тибқи Кодекси мазкур додашуда ё ҳуқуқи истифодабарии бемӯҳлат, мӯҳлатнок ё якумраи меросии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он, ки бо тартиби муқарраргардида аз қайди давлатӣ гузаштааст (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891, аз 23.12.2021 № 1825).
Моддаи 1(3). Принсипҳои асосии қонунгузории замин
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мутобиқи он қабулгардидаи қонунгузории замин ба принсипҳои зайл асос меёбанд:
- нигоҳдории Фонди ягонаи давлатии замин, беҳтар намудани сифат ва ҳосилхез кардани замин ҳамчун захираи муҳимтарини табиӣ;
- таъмини истифодабарии самараноки замин;
- таъмини ҳифзи махсус, васеъ намудан ва истифодабарии қитъаи мақсадноки заминҳои кишоварзӣ;
- ташкили бозори ҳуқуқи истифодабарии замин, фаъолияти самараноки он ва роҳ надодан ба фаъолияти инҳисорӣ дар бозори ҳуқуқи истифодабарии замин;
- дастгирии давлатӣ барои амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба ҳосилхез кардани заминҳои кишоварзӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ ва ҳифзи замин;
- дахолат накардани мақомоти давлатӣ ба фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати ба даст овардан, истифода бурдан ва бегона кардани ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замин, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- пешгирии зараррасонӣ ба замин, муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ;
- гуногуншаклии хоҷагидорӣ, таъмини баробарҳуқуқии истифодабарандагони замин, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо;
- таъмин намудани баробарҳуқуқии иштирокчиёни муносибатҳои вобаста ба замин, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо;
- музднок будани истифодабарии замин;
- дастрас будани иттилоот оид ба қитъаҳои замин (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 2. Моликият ба замин
Замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
Даъвои заминҳои авлодӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор надорад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1825).
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро бо асосҳо, шартҳо ва андозае, ки Кодекси мазкур ва қонунгузории гражданӣ муқаррар намудааст, ба даст оваранд ва бегона намоянд (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891, аз 19.07.2022 № 1902).
Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ қитъаҳои замин бе ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии ин қитъаҳои замин дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 2(1). Объекти муносибатҳои вобаста ба замин
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Объектҳои муносибатҳои вобаста ба замин инҳоянд:
- замин ҳамчун объекти табиӣ ва захираи табиӣ;
- қитъаҳои замин;
- ҳуқуқи гирифтани қитъаи замин ва саҳми замин (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 2(2). Ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ҳамчун объекти ҳуқуқи гражданӣ
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он объекти махсуси муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ буда, метавонад предмети хариду фурӯш, тӯҳфа, иваз, иҷора, гарав ва дигар аҳдҳо бошад ва инчунин ба тариқи мерос ва бо тартиби умумии ба даст овардани ҳуқуқ, ки Кодекси мазкур ва қонунгузории гражданӣ муқаррар намудааст, ба дигар шахс гузарад.
Ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба тариқи бемузд ё музднок дода мешавад.
Қитъаҳои замине, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарӣ дода шудаанд, танҳо мувофиқи таъиноти мақсадноки онҳо истифода бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1825).
Ҳеҷ кас, ба ғайр аз асосҳои дар Кодекси мазкур пешбинигардида, аз ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин маҳрум карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 3. Фонди ягонаи давлатии замин
Тамоми заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди ягонаи давлатии заминро ташкил медиҳанд ва мутобиқи таъиноти мақсаднок ба гурӯҳҳои зайл тақсим мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357):
1) заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
2) заминҳои маҳалҳои аҳолинишин (шаҳрҳо, шаҳракҳо ва маҳалҳои аҳолинишини деҳот);
3) заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, мудофиа ва таъиноти дигар;
4) заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреатсионӣ ва таърихию маданӣ;
5) заминҳои фонди давлатии ҷангал;
6) заминҳои фонди давлатии об;
7) заминҳои захираи давлатӣ.
Гурӯҳҳои замин дар ҳуҷҷатҳои зерин нишон дода мешаванд:
а) дар кадастри давлатии замин;
б) дар китоби бақайдгирии замин;
в) дар қарорҳои ҳокимияти иҷроия дар бораи додани замин;
г) дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин.
Моддаи 4. Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 819)
1. Ба салоҳияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин таъсис, барҳам ва тағйир додани ҳудуди воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳотҳо) дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1825).
2. Ба салоҳияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин таъсис додани минтақаҳои дорои низоми махсуси ҳуқуқӣ, муқаррар намудан ва тағйир додани ҳудуди онҳо дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 819).
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин чунин салоҳият дорад:
а) гирифтан ва додани қитъаҳои замин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои умумидавлатӣ (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891, аз 23.12.2021 № 1825);
б) беэътибор донистани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гирифтан ва додани қитъаи замин дар сурати тибқи таъиноти дар он пешбинишуда истифода нашудани қитъаи замин;
в) ҳамасола тасдиқ намудани ҳисобот оид ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ;
г) тасдиқ намудани натиҷаи баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ҳудуди маъмурии шаҳру ноҳияҳо (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1823);
д) ташкили корҳо ҷиҳати таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатию байнидавлатӣ доир ба истифодаи оқилонаи замин, афзудани маҳсулнокии хок, ҳифзи заминҳо дар маҷмӯъ бо дигар тадбирҳои ҳифзи табиат;
е) ҳамоҳангсозии кори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мавриди татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи замин (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891);
ж) таъмини маблағгузории тадбирҳо оид ба истифодаю ҳифзи замин дар ҷараёни таҳияи буҷети давлатӣ ва пешниҳоди он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 819);
з) бо ризояти мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо муқаррар намудани ҳудуди майдонҳои муҳофизати махсуси табиат;
и) тасдиқи тартиби муқаррар намудани сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) ба қитъаҳои замин (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891);
к) идоракунии умумии заминсозӣ, муқаррар намудани тартиби ташкил ва гузаронидани кадастри давлатии замин ва мониторинги замин (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1825);
л) тасдиқи ҳуҷҷатҳои заминсозие, ки ба иҷрои корҳои дорои аҳамияти давлатӣ алоқаманданд;
м) муқаррар намудани тартиби ба заминистифодабарандагон бемузд ё музднок додани ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замин бо ҳуқуқи бегона намудани онҳо, андозаи қитъаҳои замине, ки бемузд ё музднок дода мешаванд, андозаи ҳадди ақалли қитъаи замини тақсимнашаванда, инчунин тартиби додан (ба даст овардан) ва гирифтани қитъаҳои замин (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891);
н) амалӣ намудани дигар салоҳияте, ки Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891, аз 23.12.2021 № 1823, № 1825).
Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин чунин ваколатҳо дорад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891):
а) гузаронидан ва амалӣ гардонидани корҳои заминсозӣ;
б) гузаронидани кадастри давлатии замин ва мониторинги замин таҳия ва тасдиқи намунаи китобҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои кадастри замин (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357);
в) назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, пешниҳод намудани талабот оид ба бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоргаштаи қонунгузории замин;
г) дар доираи қонунгузории амалкунанда такмил додани усулҳои идоракунии захираҳои замин;
д) таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзими давлатии муносибатҳои вобаста ба замин;
е) бо тартиби муқарраргардида намояндагӣ намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ;
ж) назорати истифодабарии мақсадноки маблағҳое, ки барои беҳдошти ҳолати заминҳо равона карда шудаанд;
з) таҳия ва мувофиқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати тасдиқ пешниҳод намудани миқдори андози замин, муайян намудани зиёни иқтисодӣ ва ҷарима барои вайронкунии қонунгузории замин;
и) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва дигар ҳуқуқҳои ба он алоқаманд, инчунин бо тартиби муқарраргардида ба заминистифодабарандагон додани ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 1.08.2012 № 891);
к) боздоштани ҳама гуна сохтмонҳо, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва торф, истифодаи иншоотҳо, иҷрои корҳои мелиоративии ҷангал, иктишофи геологӣ, ҷустуҷӯӣ, геодезӣ ва манъ кардани фаъолияти заминистифодабарандагоне, ки амалҳояшон хилофи қонунгузории замин мебошад;
л) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти маҳаллӣ ва ё суд манзур намудани пешниҳодҳо оид ба бекор намудани санадҳое, ки хилофи қонунгузории замин мебошанд;
м) боздоштани иҷрои қарорҳо оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин, ки мухолифи қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, то қабули қарори мақомоти дахлдор (мақомоти болоии ҳокимияти иҷроия, суд);
н) ҳал ва шарҳи масъалаҳое, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва дигар ҳуқуқҳои ба онҳо алоқаманд, инчунин дар ҳолати додани ҳуҷҷатҳои дахлдор пайдо мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357);
о) иҷрои дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 7. Салоҳиятҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 405)
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин дар ҳудуди маъмуриашон чунин салоҳиятҳо доранд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 405):
а) ташкил ва амалӣ гардонидани заминсозӣ, тасдиқ кардани ҳуҷҷатҳои заминсозии вобаста ба иҷрои корҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва дар заминҳои дар ихтиёри онҳо буда гузаронидани кадастри давлатии замин ва мониторинги замин;
б) додани қитъаҳои замин барои истеҳсолоти кишоварзӣ;
в) додану гирифтан ва вобастакунии қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ;
г) ҳифзи ҳуқуқи заминистифодабарандагон ва иҷоракорон;
д) қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин мутобиқи моддаи 37 Кодекси мазкур (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357);
е) таъмини дастрасии баробари занҳо ва мардҳо ба қитъаҳои замин (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891);
ж) муқаррар намудани ҳадди ақалли иҷорапулӣ барои истифодабарии қитъаи замин, муқаррар намудани сервитутҳои оммавӣ (маҷбурӣ) ба қитъаҳои замин (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891);
з) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бемузд ё музднок додани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои иловагии ёрирасони шахсӣ, ки тибқи тартиби муқарраршуда ҷудо карда шудаанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 405).
Моддаи 8. Салоҳиятҳои ҷамоатҳо
Ҷамоатҳо дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишини деҳот чунин салоҳиятҳо доранд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1825):
а) ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо пешниҳод намудани таклифҳо доир ба ҷудо намудани қитъаҳои замин (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891);
б) муқаррар ва тасдиқ намудани андозаи заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи меъёрҳое, ки дар моддаи 71 ҳамин Кодекс оварда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 405);
в) тартиб додани китобҳои хоҷагидорӣ, бурдани рӯйхати заминистифодабарандагон ва шартномаҳои иҷора, инчунин ба танзим даровардани заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагиҳои иловагии ёрирасони шахсӣ (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357);
г) назорати истифода ва ҳифзи заминҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 405);
Моддаи 8(1). Салоҳиятҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳое, ки дар ҳудуди маъмурии шаҳрҳо ва ҳокимияти маҳаллии шаҳрҳое, ки дар ҳудуди маъмурии ноҳияҳо ҷойгиранд
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳое (шаҳрҳое), ки дар ҳудуди маъмурии шаҳрҳо (ноҳияҳо) ҷойгиранд, дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин чунин салоҳиятҳо доранд (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891):
а) пешниҳод намудани таклифҳо ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар бораи ҷудо намудани қитъаҳои замин (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891);
б) вобастакунии қитъаҳои замин мутобиқи моддаи 26 ҳамин Кодекс;
в) назорати истифода ва ҳифзи заминҳо (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 9. Мансуб донистани заминҳо ба гурӯҳҳо ва аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар гузаронидани онҳо
Мансуб донистани заминҳо ба гурӯҳҳои дар моддаи 3 Кодекси мазкур овардашуда ва аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар гузаронидани онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мешавад.
Риоя накардани қоидаҳои аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар гузаронидани қитъаҳои замини пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои инҳо асос шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891);
а) беэътибор донистани қарорҳои ҳокимияти иҷроия оиди муносибатҳои вобаста ба замин;
б) надодани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин ва ба қайд нагирифтани ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин.
Моддаи 9(1). Аз як намуд ба намуди дигар гузаронидани заминҳо дар дохили заминҳои таъиноти кишоварзӣ
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Ба намуди ғайрикишоварзии заминҳои таъиноти кишоварзӣ гузаронидани заминҳои корам, дарахтони бисёрсола, заминҳои алафдарав, чарогоҳҳо ва ба намуди заминҳои алафзор ва чарогоҳҳо гузаронидани заминҳои корам, дарахтони бисёрсола ва инчунин гузаронидани тамоми намуди заминҳои обӣ ба заминҳои лалмӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Ба намуди заминҳои корам ва заминҳои дарахтони бисёрсола гузаронидани заминҳои алафзор, чарогоҳҳо, дигар намуди заминҳо, сарфи назар аз масоҳати заминҳо, аз заминҳои корам ба заминҳои дарахтони бисёрсола ва аз заминҳои дарахтони бисёрсола ба заминҳои корам, инчунин гузаронидани тамоми намуди заминҳои лалмӣ ба заминҳои обӣ бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 10. Заминистифодабарандагон
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминистифодабарандагон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд заминистифодабарандагони якумдараҷа ва дуюмдараҷа бошанд.
Заминистифодабарандагони якумдараҷа шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки ҳуқуқи истифодаи бемӯҳлат, мӯҳлатнок ва ё якумраи  меросии заминро доранд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Заминистифодабарандагони дуюмдараҷа шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки қитъаҳои заминро дар асоси шартномаи иҷора ва ё созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ истифода мебаранд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1363).
Шахси воқеие, ки дар якҷоягӣ бо дигар шахсони воқеӣ ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро дорад, пас аз татбиқи ҳуқуқи худ ба ҷудо намудани китъаи замин тибқи саҳми замини худ дар маҳал ҳуқуқи истифодабарандаи заминро соҳиб мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Ба қитъаи замине, ки ба истифодабарии он аз ҷониби заминистифодабаранда - шахси воқеӣ ҳангоми дар никоҳ будан бо ҳуқуқи бегона намудани он ҳуқуқ пайдо кардаанд, муқаррароти пешбининамудаи қонунгузории гражданӣ ва оила дар бораи моликияти умумии ҳамсарон татбиқ мегардад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 10(1). Ҳуқуқи маҳдуди истифодабарии қитъаҳои замини дигар заминистифодабарандагон
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Ҳуқуқи маҳдуди истифодабарии қитъаи замин (минбаъдсервитут) метавонад бо розигии тарафҳо (минбаъд - сервитути хусусӣ (ба розигӣ асосёфта) ё дар мавриди зарурат дар асоси қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо (минбаъд - сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) муқаррар карда шавад.
Сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) ҳамчунин аз ҷониби суд аз рӯи даъвои шахс дар мавриди ба даст овардани созиш дар бораи муқаррар намудани сервитути хусусӣ (ба розигӣ асосёфта) метавонад муқаррар карда шавад.
Сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) дар мавридҳое, ки он барои таъмини манфиатҳои давлат ва аҳолии маҳаллӣ зарур бошад, бе гирифтани қитъаҳои замин муқаррар карда мешавад.
Сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) метавонад дар мавридҳои зайл муқаррар карда шавад:
- барои гузаштан, аз ҷумла бо нақлиёт тариқи қитъаи замин ба объектҳои истифодаи умумӣ, қабристон, мазорҳо ва дигар объектҳои хусусияти мазҳабидошта;
- барои истифодабарии муваққатии қисми қитъаи замин бо мақсадҳои таъмир ва хизматрасонии шабакаҳои коммуналӣ, муҳандисию техникӣ, барқӣ, инчунин объектҳои инфрасохтори нақлиётӣ;
- барои дар қитъаи замин ҷойгир намудани нишонаҳои марзию геодезӣ ва гузаргоҳ ба онҳо;
- барои обгирӣ ва обдиҳии чорво ва қитъаи замин, аз тариқи қитъаи замин аз як ҷой ба дигар ҷой рондани ҳайвонот;
- барои истифодабарии қитъаи замин бо мақсадҳои шикор, моҳигирӣ аз ҳавзҳои воқеи қитъаи замин, ҷамъоварии растаниҳои худрӯй дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ва бо тартиби муқарраргардида;
- барои истифодабарии муваққатии қисми қитъаи замин бо мақсадҳои иҷрои корҳои ҷустуҷӯӣ, таҳқиқотӣ ва дигар корҳо;
- барои дастрасии озод ба заминҳои назди соҳил;
- дар ҳолатҳои дигари ба манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ алоқамандбуда.
Сервитути хусусӣ (ба розигӣ асосёфта) ба қитъаи замин бо розигии тарафҳо, дар мавриди пайдо гардидани баҳс миёни заминистифодабарандагон бошад, дар асоси қарори суд муқаррар карда мешавад. Шакли шартнома оид ба сервитути хусусӣ (ба розигӣ асосёфта) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Истифодабарандаи қитъаи замине, ки ба он сервитути хусусӣ (ба розигӣ асосёфта) ё оммавӣ (маҷбурӣ) муқаррар карда шудааст, ҳуқуқ дорад аз шахсоне, ки сервитут ба манфиаташон муқаррар гардидааст, пардохти мувофиқро талаб намояд.
Агар муқаррар намудани сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) истифодабарии қитъаи заминро номумкин гардонад, заминистифодабаранда ҳуқуқ дорад аз ӯ гирифтани қитъаи замин, аз ҷумла бо роҳи харида гирифтани ҳуқуқи истифодабарии ин қитъаи заминро бо ҷуброни зарар аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки сервитути оммавӣ (маҷбурӣ)-ро муқаррар намудаанд ё додани қитъаи дигари баробарарзиши заминро бо ҷуброни товони зарар талаб намояд.
Агар муқаррар намудани сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) истифодабарии қитъаи заминро мушкил гардонад, заминистифодабаранда ҳуқуқ дорад аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки сервитути оммавӣ (маҷбурӣ)-ро муқаррар намудаанд, пардохти музди баробарарзишро талаб намояд.
Дар мавриди бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замини бо сервитут маҳдуд кардашуда ё ба дигар кас ба иҷора ё ба гарав додани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин сервитут эътибори худро нигоҳ медорад.
Сервитуте, ки тибқи шартнома ба вуҷуд омадааст, метавонад ба мӯҳлати номуайян ё муайян муқаррар карда шавад. Сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) метавонад бинобар аз байн рафтани асосҳое, ки тибқи онҳо сервитут муқаррар шуда буд, бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо ё суд қатъ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 11. Истифодаи бемӯҳлати қитъаи замин
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Истифодаи қитъаи замини бе мӯҳлати пешакӣ муқарраршуда, истифодаи бемӯҳлат эътироф карда мешавад.
Истифодаи бемӯҳлати қитъаи замин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 12. Истифодаи меросии якумра
Ба истифодаи якумраи мероси замин ба шахсони воқеӣ ва коллективҳои шаҳрвандон барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва касбҳои анъанавии мардумӣ, инчунин ба шаҳрвандон ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Қитъаҳои замине, ки бо ҳуқуқи истифодаи якумраи меросӣ дода шудаанд, ҳангоми маълум гаштани мерос бояд аз нав ба қайд гирифта шаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Ҳангоми гузаштани қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон ба шахсони ҳуқуқӣ, ин қитъаи замин ба истифодабарии бемӯҳлат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 13. Истифодаи мӯҳлатноки замин
Ба истифодаи мӯҳлатнок қитъаҳои замин ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ ба мӯҳлати муайян дода мешаванд.
Истифодаи мӯҳлатноки замин метавонад кӯтоҳмуддат - то се сол ва дарозмуддат - аз се то бист сол бошад ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 14. Иҷораи замин
Заминистифодабарандагон метавонанд қитъаҳои заминро дар асоси шартнома ба иҷора диҳанд (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Шартномаи иҷораи замин бе тағйир додани таъиноти мақсадноки қитъаи замин баста мешавад.
Қитъаҳои замин ба мӯҳлати то 20 сол ба иҷора дода мешаванд. Муносибатҳои заминистифодабарандагон оид ба иҷораи қитъаҳои замин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд.
Моддаи 14(1). Истифодаи қитъаи замин дар асоси созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ
(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1363)
Қитъаи замин барои амалӣ намудани лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар асоси созишномаи шарикӣ ба муҳлати муайяннамудаи созишнома ба шарики хусусӣ бо назардошти муқаррароти моддаи 25 Кодекси мазкур дода мешавад.
Истифодаи қитъаи замин барои амалӣ намудани лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ бетағйир додани таъиноти мақсадноки қитъаи замин анҷом дода мешавад.
Муносибатҳои вобаста ба истифодаи қитъаи замин бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба танзим дароварда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1363).
Моддаи 15. Бақайдгирии давлатии қитъаи замин ва ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Бақайдгирии давлатии қитъаи замин ва ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он" амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 16. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Моддаи 17. Муқаррар намудани ҳуқуқи истифодаи замин
Ҳуқуқи истифодаи замин бо ҳуҷҷатҳои зерин тасдиқ карда мешавад:
а) ҳуқуқи бемӯҳлату мӯҳлатноки истифодаи замин ва ҳуқуқи истифодаи якумраи меросии қитъаи замин - бо шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 22.06.2023 № 1974);
б) ҳуқуқи иҷораи қитъаи замин - бо шартномаи иҷора. Маълумоте, ки дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин сабт гардидаанд, бояд ба маълумоти ба китоби бақайдгирии замин дохилгардида мутобиқ бошанд;
в) созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ки бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ баста шудаанд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1363);
г) андозаи саҳми замин бо Шаҳодатномаи саҳми замин муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 1.08.2012 № 891).
Ҳуҷҷатҳое, ки дар банди "а" ва "б" ҳамин модда оварда шудаанд, мувофиқи тартиби муқарраркардаи моддаи 15 Кодекси мазкур бояд ба қайди давлатӣ гирифта шаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1363).
Моддаи 17(1). Асосҳо барои пайдо кардани ҳуқуқ ба истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Асосҳо барои пайдо кардани ҳуқуқ ба истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он инҳоянд:
- додани қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- пайдо кардани ҳуқуқ ба истифодабарии қитъаи замин дар бозори ҳуқуқи истифодаи замин тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- пайдо кардани ҳуқуқ ба истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он бо тартиби мерос ё бо роҳи ҳуқуққабулкунии умумӣ;
- дар натиҷаи аҳдҳои ҳуқуқии гражданӣ ва дигар асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо кардани ҳуқуқ ба истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он.
Ҳангоми аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани шахс, ки дорои ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он мебошад, ин ҳуқуқ бояд ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бегона карда шавад.
Дар ҳолате, ки бо ин ё он сабаб бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ғайриимкон аст ва ё бо хоҳиши шахсе, ки шаҳрвандиаш қатъ мегардад, ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бамузд баргардонида мешавад. Ҳангоми баргардонидани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он ба соҳибҳуқуқ арзиши бозории ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 17(2). Маҳдудиятҳо оид ба вогузоштани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминҳое, ки таҳти объектҳои зерин қарор доранд, бегона карда намешаванд:
- мамнӯъгоҳҳои табиӣ ва боғҳои миллӣ;
- бино, иморат ва иншооте, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ истифода бурда мешаванд;
- муассисаҳои давлатӣ;
- агар дар ҳудудашон объектҳои об ҷойгир шуда бошанд;
- объектҳои осори пурарзиши таърихию фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мамнӯъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ ва объектҳои меросии археологӣ;
- барои таъмини эҳтиёҷоти мудофиа ва амният, саноати мудофиавӣ, гумрукӣ, ташкилотҳои алоқа ва нақлиёт, аз ҷумла фурудгоҳҳо, ки дар қисми мазкур нишон дода нашудаанд.
Ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замини зерин дар гардиш маҳдуд карда мешавад:
- дар доираи ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда, ки дар қисми якуми ҳамин модда нишон дода нашудаанд;
- аз таркиби заминҳои фонди ҷангал.
Бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замини ҳудуди назди соҳил, ки тибқи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, инчунин қитъаҳои замине, ки дар онҳо ҳавз ва кӯлҳо дар ҳудуди мавзеи истифодаи умумӣ ҷойгир шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 18. Манъ будани истифодаи қитъаи замин то ба расмият даровардани ҳуқуқи истифодаи замин
То ҳудуди қитъаи заминро муқаррар намудани мақомоти дахлдори танзими замин ва додани ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодаи заминро тасдиқ менамоянд, ба истифодаи қитъаи замин шурӯъ намудан манъ аст.
Моддаи 18(1). Қитъаҳои замини тақсимшаванда ва тақсимнашаванда
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Қитъаи замин метавонад тақсимшаванда ва тақсимнашаванда бошад:
- қитъаи замини тақсимшаванда қитъаест, ки бе тағйир додани таъиноти мақсаднокаш ва бе вайрон намудани ҳолати зиддисӯхторӣ, санитарӣ, экологӣ, сохтмонӣ ва дигар меъёрҳо ва қоидаҳои ҳатмӣ мумкин аст ба қисмҳо, ки ҳар кадоми онҳо баъд аз тақсимот қитъаи замини мустақилро ташкил медиҳад, тақсим карда шавад;
- қитъаи замини тақсимнашаванда қитъаест, ки бе тағйир додани таъиноти мақсаднокаш ва бе вайрон намудани ҳолати зиддисӯхторӣ, санитарӣ, экологӣ, сохтмонӣ ва дигар меъёрҳо ва қоидаҳои ҳатмӣ ба қитъаҳои замини мустақил ҷудо шуда наметавонад.
Тақсимнашаванда будани қитъаи замин дар ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи истифодабарии заминро тасдиқ менамояд, нишон дода мешавад.
Ҳуқуқи истифодабарии қисми қитъаи замини баъд аз тақсим ҷудокарда аз рӯзи бақайдгирии давлатии пайдо кардани ҳуқуқ ба он ба вуҷуд меояд.
Андозаи ҳадди ақалли қитъаи замини тақсимнашаванда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сохти маъмурӣ - ҳудудӣ, гурӯҳ ва таъиноти замин муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
БОБИ 2. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ЗАМИНИСТИФОДАБАРАНДАГОН
Моддаи 19. Ҳуқуқи заминистифодабарандагони якумдараҷа
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Заминистифодабарандагони якумдараҷа ҳуқуқ доранд:
-мустақилона дар замин хоҷагидорӣ намоянд;
-молики маҳсулоти кишоварзию даромади фурӯш аз он бошанд;
-аз канданиҳои фоиданоки маъмул, торф, ҷангал, манбаъҳои оби воқеи қитъаи замин, инчунин аз дигар ҷиҳатҳои муфиди замин тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти хоҷагиашон истифода баранд;
-тибқи талаботи Кодекси мазкур манзил, иншооти истеҳсолӣ, маданию маишӣ ва дигар сохтмону иншоотро бунёд намоянд;
-молики кишт, зироатҳои кишоварзӣ ва ниҳолҳои шинонидашуда бошанд;
-мустақилона бе дахолати мақомоти давлатӣ дар мавриди ҳуқуқи истифодабарии замини бо ҳуқуқи бегона намудани он гирифташуда (ба даст овардашуда) аҳдҳои ҳуқуқии гражданӣ (хариду фурӯш, тӯҳфа, иваз, гарав ва ғайра) банданд, ба истиснои муқаррароти Кодекси мазкур (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891);
-қитъаи заминро ба иҷора диҳанд;сервитути хусусиро (ба розигӣ асосёфтаро) ба қитъаи замин муқаррар намоянд (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891);
-ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро ба гарав монанд;
-дар ҳолати гирифтани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ мутобиқи моддаҳои 41 ва 43 Кодекси мазкур товони зарарро гиранд;
-ихтиёран аз қитъаи замин даст кашанд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 20.Ҳуқуқи заминистифодабарандагони дуюмдараҷа
Заминистифодабарандагони дуюмдараҷа ҳуқуқ доранд:
- заминро мувофиқи шартҳои муайяншуда истифода баранд;
- бо розигии иҷорадеҳ замини ба иҷора гирифташударо ба иҷораи фаръӣ (субаренда) диҳад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891, аз 23.12.2021 № 1825);
- аз канданиҳои фоиданоки маъмул, торф, ҷангал, манбаъҳои оби воқеи қитъаи замин, инчунин дигар ҷиҳатҳои муфиди замин мувофиқи тартиби муқарраргардида истифода баранд;
- дар мавриди пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани шартномаи иҷора ҷуброни хароҷотеро, ки барои беҳтар намудани ҳолати замин аз ҳисоби худ сарф кардаанд, гиранд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357);
- дар мавриди пеш аз муҳлат бекор гардидани созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба ҷуброн кардани зиёне, ки вобаста ба беҳтар намудани ҳолати замин ба заминистифодабарандаи дуюмдараҷа расидааст, агар созишнома аз ҷониби заминистифодабарандаи дуюмдараҷа бекор нагардида бошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1363).
Моддаи 21.Ӯҳдадориҳои заминистифодабарандагон
Заминистифодабарандагон ӯҳдадоранд:
- заминро мувофиқи мақсад ва шартҳои муайяншуда истифода баранд;
- замини додашударо самаранок истифода баранд ва аз технологияи барои ҳифзи табиат пешбинишудаи истеҳсолот истифода намуда, ба бад шудани вазъи экологии маҳал дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ роҳ надиҳанд;
- барои ҳифзи замин маҷмӯи чорабиниҳоеро, ки дар моддаҳои 51, 52 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, амалӣ намоянд;
- сари вақт андоз ва иҷорапулии заминро супоранд;
- ҳуқуқи дигар заминистифодабарандагонро вайрон накунанд;
- маълумоти дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаи оиди вазъу истифодаи заминро сари вақт ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891);
- нишонаҳои марзӣ, геодезӣ ва дигар нишонаҳои махсусро ҳифз ва ҳимоя намоянд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
БОБИ 3. ДОДАНИ ЗАМИН
Моддаи 22. Тартиби додани замин
Қитъаҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода мешаванд.
Тартиби додани қитъаҳои заминро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Андозаҳои ниҳоии (ҳадди ақал ва аксари) қитъаҳои замин аз заминҳои таъиноти гуногун, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуқуқи бегона намудани онҳо барои истифода дода мешаванд, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи 71 Кодекси мазкур пешбинигардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 23. Додани замин барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ
Заминҳое, ки барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ мувофиқанд, барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 1.08.2012 № 891).
Ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замини таъиноти кишоварзӣ бо ҳуқуқи бегона намудани онҳо танҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита дар истеҳсолоти кишоварзӣ иштирок доранд, дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ мувофиқ будани заминро мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва мақомоти он дар маҳалҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои хокшиносӣ, тадқиқоти геоботаникӣ, гидромелиоративӣ, агроиқтисодӣ ва дигар тадқиқотҳо муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 24. Додани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ қитъаҳои замини барои истеҳсолоти кишоварзӣ номувофиқ ё қитъаҳои замини пастсифати кишоварзие, ки арзиши кадастриашон аз ҳисоби миёнаи ноҳия паст мебошад, дода мешаванд.
Қитъаҳои замин барои сохтмони маҳалҳои аҳолинишин мутобиқи хулосаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геология дода мешаванд. Дар майдонҳои дорои канданиҳои фоиданок қитъаҳои замин барои сохтмон бо ризоияти мақоми назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки корҳои геологӣ, ҷустуҷӯӣ, геодезӣ ва дигар корҳои муваққатии тадқиқотиро дар асоси иҷозатнома, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, мегузаронанд, қитъаҳои заминро барои иҷрои чунин корҳо, бе гирифтани ин қитъаҳои замин аз заминистифодабарандагон, бо розигии заминистифодабарандагон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ истифода мебаранд.
Зарари расонидашуда ва хароҷотҳо барои барқароркунии заминҳои вайроншуда ҳангоми ишғоли муваққатии қитъаи замин аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ин қитъъаи заминро ишғол намудаанд, ба заминистифодабаранда тибқи талаботи Кодекси мазкур ҷуброн карда мешавад. Дар ҳолати қатъ гардидани ҳуқуқи коркарди канданиҳои фоиданок шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд, ки қитъаи заминро барқарор намуда, тибқи тартиби муқарраршуда ба заминистифодабаранда баргардонанд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 25. Додани замин ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ
Қитъаҳои заминро ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ба истифодаи мӯҳлатнок ба мӯҳлати то 50 сол додан мумкин аст.
Заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва заминҳое, ки таҳти муҳофизати махсус мебошанд, ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дода намешаванд (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Ҳангоми ба шахси воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷӣ гузаштани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замини таъиноти кишоварзӣ бо ҳуқуқи бегона намудани он ин ҳуқуқ бояд дар давоми як соли баъди пайдо кардани ҳуқуқ ба қитъаи замин ба фоидаи шахси воқеӣ ё ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бегона карда шавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Агар бо ягон сабаб бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии чунин қитъаи замин ба фоидаи шахси воқеӣ ё ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриимкон бошад, ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба таври музднок, бо арзиши бозории ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Дар сурати иҷро нагардидани талаботи қисмҳои сеюм ва чоруми моддаи мазкур гирифтани қитъаи замине, ки ҳуқуқи истифодабарии он ба шахси воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷӣ гузаштааст, бо тартиби судӣ амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 26. Додан ва вобастакунии қитъаҳои замин аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, шаҳрҳо қитъаҳои заминро бо мувофиқаи мақомоти маҳаллии заминсозӣ ба истифодаи бемӯҳлат, мӯҳлатнок, якумраи меросӣ ва ба иҷора аз чунин гурӯҳи заминро медиҳанд:
а) аз гурӯҳи заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва аз гурӯҳи заминҳои захираи давлатӣ барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ, сарфи назар аз андозаи қитъаи замин ва барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ, ба ғайр аз намуди заминҳое, ки дар моддаи 29 ҳамин Кодекс барои ҳамин гурӯҳҳо муайян шудааст, ба андозаи то 10 гектар;
б) аз гурӯҳи заминҳои фонди давлатии ҷангал ва аз гурӯҳи заминҳои фонди давлатии об, ба ғайр аз заминҳои ҷангали гурӯҳи якум барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ ба андозаи то 10 гектар ва барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ бо назардошти муқаррароти моддаи 97 ҳамин Кодекс, ба ғайр аз намуди заминҳое, ки дар моддаи 29 ҳамин Кодекс барои ҳамин гурӯҳҳо муайян шудааст, то 5 гектар;
в) аз гурӯҳи заминҳои маҳалҳои аҳолинишин (шаҳрҳо, шаҳракҳо ва маҳалҳои аҳолинишини деҳот), ба ғайр аз намуди заминҳое, ки дар моддаи 29 ҳамин Кодекс нисбати ҳамин гурӯҳ муайян шудааст, барои эҳтиёҷоти ҳамин гурӯҳ, то 10 гектар;
г) аз гурӯҳи заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, мудофиа ва дигар намуди ҳамин гурӯҳ барои эҳтиёҷоти ҳамин гурӯҳ, то 10 гектар;
д) аз гурӯҳи заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреатсионӣ ва таърихию фарҳангӣ, бе иваз намудани мақсади муайяншудаи замини ҳар як намуди ин гурӯҳ, ба андозаи то 5 гектар.
Вобастакунии қитъаҳои заминро сарфи назар аз андозаи қитъаи замин амалӣ менамоянд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо қитъаҳои заминро бо мувофиқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо (шаҳрҳо) ва мақомоти маҳаллии заминсозӣ ба истифодаи бемӯҳлат, мӯҳлатнок аз ҳамаи намудҳои гурӯҳҳои заминҳо, ба ғайр аз заминҳое, ки дар моддаи 29 ҳамин Кодекс оварда шудаанд, ба андозаи то 20 гектар медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 26(1). Додани қитъаҳои замин аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми гурӯҳҳо ва намудҳои замин қитъаҳои заминро ба истифодаи бемӯҳлат, мӯҳлатнок ва ба иҷора бо мувофиқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, шаҳрҳо, вилоятҳо ва мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин, сарфи назар аз андозаашон медиҳад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 27. Ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва вобастакунии он
Ҳангоми ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи моликият ба бино (иморат, иншоот) ҳуқуқи истифодаи қисмати қитъаи замин, ки ин бино (иморат, иншоот) дар он қарор дорад, ҳамчунин қисми ҳамшафати он қитъаи замине, ки барои хизматрасонии ин бино (иморат, иншоот) дар доираи меъёрҳои муқарраргардида зарур аст, ба шахси ин бино (иморат, иншоот)-ро харида бемузд мегузарад. Ҳуқуқи истифодабарии қисми қитъаи замине, ки аз меъёрҳои муқарраргардидаи барои истифодабарӣ ва хизматрасонии ин бино (иморат, иншоот) зарур зиёд мебошад, бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври музднок мегузарад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891, аз 23.12.2021 № 1825, аз 22.06.2023 № 1974).
Зимнан қитъаи замини пештар мувофиқи тартиби муқарраргардида ҷудошуда, аз нав ҷудо карда нашуда, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва мақомоти он дар маҳалҳо ба шахсе, ки ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ба ӯ мегузарад, вобаста карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Дар ҳолати тағйир ёфтани мақсади истифодаи қитъаи замине, ки дар он бино, сохтмону иншоот қарор доранд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 9-9(1) Кодекси мазкур дар бораи тағйир ёфтани мақсади истифодаи ин қитъаи замин қарор қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2018 № 704).
Дар ҳолати пурра истифода набурдани қитъаи замине, ки чунин бино, сохтмону иншоотҳо дар он қарор доранд, ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини истифоданашуда бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои 37 ва 39 Кодекси мазкур қатъ гардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1974).
Ҳангоми ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ, дар баробари ин ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ низ ба вай мегузарад.
Моддаи 27(1). Ба гарав гузоштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Заминистифодабарандагони якумдараҷа ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро барои ба гарав мондан ҳуқуқ доранд.
Мӯҳлати иҷрои ӯҳдадорӣ, ки ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро бо гарав таъмин мекунад, наметавонад аз мӯҳлати истифодаи қитъаи замини ба гарав мондашуда зиёд бошад.
Агар қисми қитъаи замин ҳамчун қитъаи замини алоҳида тақсим нагардида, ҳуқуқи истифодабарӣ бо ҳуқуқи бегона намудани он тибқи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ тасдиқ нашуда бошад, гарави ҳуқуқи истифодабарии он иҷозат дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Тартиб ва хусусиятҳои ба гарав гузоштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ипотека" муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 28. Муқаррар ва аниқ муайян намудани ҳудуди қитъаҳои замин дар маҳал
Ҳангоми ҷудо намудани қитъаи замин, корҳои вобаста ба муқаррар ва аниқ муайян намудани ҳудуди қитъаи замин дар маҳал аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 29. Хусусиятҳои додани намудҳои алоҳидаи замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Ҳангоми зарурат додани баъзе намудҳои замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ аз гурӯҳҳои заминҳои зерин танҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад:
а) аз заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва захираи давлатӣ (заминҳои корам, дарахтони бисёрсола, ниҳолпарваришгоҳҳо, заминҳои алафдарав ва чарогоҳҳо);
б) аз заминҳои маҳалҳои аҳолинишин (боғҳои миллӣ, боғҳои фарҳангӣ ва истироҳатӣ, боғҳои ботаникӣ ва дигар намуди боғҳо, ҷангалзори гурӯҳи якум, ёдгориҳои табиат, иншооти солимгардонӣ, заминҳои таъиноти таърихию фарҳангӣ, майдончаҳои илмӣ-санҷишӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ба истиснои сохтмонҳои сабук бе тағйир додани таъиноти мақсаднок барои хизматрасонии ҳамин заминҳо ва шаҳрвандон);
в) аз заминҳои фонди давлатии ҷангал ва фонди давлатии об (заминҳои корам, дарахтони бисёрсола, плантатсияҳо, ниҳолпарваришгоҳҳо, заминҳои алафдарав, чарогоҳҳо ва заминҳои ҷангали гурӯҳи якум) (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 30. Тартиби додани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ
(Қонуни ҶТ аз 25.03.2018 № 704)
Додани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ дар як марҳила бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад.
Дар ҳолати рад намудани муроҷиат ҷиҳати додани қитъаи замин аризадиҳанда дар мӯҳлати се рӯзи пас аз қабули қарор оид ба рад намудани муроҷиат ба таври хаттӣ огоҳ карда мешавад.
Ҳангоми беасос рад намудани муроҷиат ҷиҳати додани қитъаи замин, инчунин риоя нагардидани тартиби додани қитъаи замин ба мақоми дахлдор ё суд шикоят намудан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 25.03.2018 № 704).
Моддаи 31. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
БОБИ 4. ПАРДОХТИ ЗАМИН
Моддаи 32. Истифодаи пулакии замин
Истифодаи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пулакӣ мебошад. Пули замин ҳар сол дар шакли андози замин, иҷорапулӣ дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ситонида мешавад.
Моддаи 33. Меъёр, тартиби андозбандӣ ва иҷорапулии замин
Андози замин ва меъёри он бо Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Иҷорапулии заминҳои кишоварзӣ вобаста ба сифату ҷойгиршавии қитъаи замин бо дарназардошти арзиши кадастриаш муайян карда мешавад.
Меъёри пардохт барои истифодаи дигар навъҳои замин бо дарназардошти чойгиршавии онҳо, хусусияти истифодабарӣ, ҷиҳатҳои экологӣ ва иҷтимоию иқтисодиашон муайян карда мешавад.
Баҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муқаррар намудани нархи меъёрии замин бо мақсади андозбандии воқеӣ ва пардохти иҷора тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳои замин" ба амал бароварда мешавад.
Арзиши бозории ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замин бо ҳуқуқи бегона намудани онҳо ҳамчун объекти муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 34. Ворид кардани пули пардохти замин
Андози замин мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда мешавад.
Иҷорапулӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи шартномаи иҷора ба заминистифодабарандаи аввал супурда мешавад.
Моддаи 35. Имтиёзҳо дар мавриди ситонидани андози замин
Масъалаҳои вобаста ба муқаррар намудани имтиёзҳо дар мавриди ситонидани андози заминро Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
Моддаи 36. Истифодаи маблағи пардохти замин
Маблағи пардохти замин, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим мешавад, барои маблағгузории чорабиниҳои ҳифзи замин ва баланд бардоштани маҳсулнокии он, ободонии заминҳои нав, иҷрои корҳои танзими замин (аз ҷумла корҳои муқаррару барқароркунии ҳудуди замин дар маҳал, тартиб додани харита ва ё нақшаҳои онҳо, таҷҳизонии техникии хадамоти давлатии танзими замин) пешбурди кадастри давлатии замин, анҷом додани корҳо оиди мониторинги замин, назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ба кор бурда мешавад.
БОБИ 5. ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАИ ЗАМИН
Моддаи 37. Асосҳои қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Ҳуқуқи истифодаи замин ё як қисми он дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
а) даст кашидан аз қитъаи замин ба таври хаттӣ, ки аз тарафи заминистифодабарандагон имзо шудааст;
б) қатъ гардидани фаъолияти заминистифодабарандагон;
в) истифода набурдани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ дар давоми ду сол ва шурӯъ накардан ба сохтмон дар замини барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ додашуда, дар давоми се сол;
г) ғайри таъиноти мақсаднок истифода бурдани қитъаи замин, ки дар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин нишон дода шудааст;
д) истифодаи қитъаи замин бо усулҳое, ки боиси паст шудани ҳосилхезии замин, заҳролудшавии он бо маводи кимиёвӣ, радиоактивӣ ва дигар мавод ва боиси бад шудани вазъи экологӣ мегардад;
е) ба охир расидани мӯҳлати истифодаи қитъаи замин;
ж) гирифтани замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
з) аз узвияти хоҷагии деҳқонӣ баровардан бо асосҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891);
и) пеш аз муҳлат қатъ гардидан ва ё ба анҷом расидани муҳлати амали созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1363).
 Дар ҳолати қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он бо асосҳое, ки дар қисми якуми ҳамин модда муайян шудаанд, ба заминистифодабаранда нархи бозории ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замини ӯ ҷуброн карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 38. Гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Гирифтани замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ дар ҳолатҳои истисно ҳангоми мавҷуд набудани роҳҳои дигари ҷойгиронии иншоотҳо, дар ҳолатҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
1) иҷро кардани ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи тартиби муқарраршуда эътироф шудаанд;
2) таъсиси маҳалҳои нави аҳолинишин, васеъ кардани шаҳр ва маҳалҳои аҳолинишин;
3) ҷойгиронии иншоотҳои зерин:
-иншоотҳои мудофиа ва амният;
-иншоотҳои инфраструктураи нақлиётӣ: роҳҳои мошингард, кӯчаҳо, пулҳо, нақбҳо, эстакадаҳо ва дигар сохтмонҳои муҳандисию нақлиётӣ, иншоотҳои алоқа;
-иншоотҳои таъминоти барқ, газ, гармӣ ва об, инчунин иншоотҳои равона кардани обҳои корезӣ;
-мактаб, китобхона, беморхона, қабристон, боғҳои истироҳатӣ, майдончаҳои бозӣ ва варзишӣ ва дигар эҳтиёҷоти иҷтимоӣ ва инчунин биноҳои давлатие, ки ба мақсадҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ хизмат мекунанд;
4) кашф шудани канданиҳои фоиданок;
5) ҳифзи иншоотҳо ва ёдгориҳое, ки арзиши археологӣ, таърихӣ ва илмӣ доранд, дар ҳолатҳое, ки онҳо хавфи нобудшавӣ доранд ё гирифтори харобшавӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 38(1) Қабули санад оид ба гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Қарорро дар бораи гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, шаҳрҳо, вилоятҳо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунанд.
Дар сурати бо қарор дар бораи гирифтани қитъаи замин розӣ набудани заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар ҳуқуқҳои бақайдгирифташудаи вобаста ба қитъаи замин, вай ҳуқуқ дорад ба суд бо даъво муроҷиат намояд.
Асос барои қабул намудани қарор дар бораи гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии бо тартиби муқарраргардида тасдиқшуда, дигар лоиҳаҳое, ки зарурат ва ҳисоботи техникӣ-иктисодии гирифтани қитъаи заминро асоснок мекунанд, ба ҳисоб меравад.
Қарор дар бораи гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ баъд аз тасдиқи лоиҳаҳои мувофиқ қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 38(2). Асосҳо ва тартиби ихтиёран даст кашидани шахс аз ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Ихтиёран даст кашидан аз ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо роҳи додани ариза аз ҷониби заминистифодабаранда дар бораи даст кашидан аз ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад .
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарори қатъ гардидани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи додани ариза аз ҷониби заминистифодабаранда қабул менамояд.
Қарори қабулшуда оид ба қатъ гардидани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ба аризадиҳанда ва ба мақомоти ваколатдори давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар мӯҳлати се рӯз барои бақайдгирии давлатӣ фиристонида мешавад.
Агар ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замини зикргардида бо ҳуқуқи бегона намудани он дода шуда бошад, ба заминистифодабаранда дар мӯҳлати як моҳ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо нархи бозорӣ ҷуброн карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 39. Қарор дар бораи қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Қарор дар бораи қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо асосҳои пешбининамудаи бандҳои "а", "б", "е" ва "ж" моддаи 37 Кодекси мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) қабул карда мешавад.
Иҷрои қарор дар бораи қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо асосҳои пешбининамудаи бандҳои "е" ва "ж" моддаи 37 Кодекси мазкур баъд аз анҷом ёфтани мавсими кишоварзӣ амалӣ карда мешавад.
Маҷбурӣ қатъ гардидани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо асосҳои дар бандҳои "в", "г" ва "д" моддаи 37 Кодекси мазкур пешбинишуда танҳо дар асоси қарори суд амалӣ карда мешавад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ҳуқуқ доранд ба суд бо аризаи даъвогӣ дар бораи маҷбурӣ қатъ гардидани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин танҳо баъд аз андешидани чораҳои ҷавобгарии маъмурӣ ва огоҳкунии хаттии заминистифодабаранда оид ба бартараф намудани камбудиҳо дар мӯҳлати на камтар аз се моҳ муроҷиат намоянд. Бақайдгирии давлатии бегонакунии ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ҳангоми маҷбурӣ қатъ гардидани ин ҳуқуқ дар асоси қарори суд бо ҷуброн намудани нархи бозории ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Огоҳномаи қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи замин бояд ба ҳамаи заминистифодабарандагон аз ҷониби мақомоте, ки қарорро қабул намудааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Қитъаҳои замине, ки ҳуқуқи истифодаи онҳо қатъ гардидааст, ба фонди махсуси замини ноҳия (шаҳр), заминҳои захираи ноҳия (шаҳр) дохил карда мешаванд ё ба заминистифодабарандагони пештара баргардонида мешаванд.
Ба фонди махсуси заминҳои ноҳия (шаҳр), асосан заминҳои кишоварзие, ки ҳуқуқи истифодаашон қатъ гардидааст, дохил карда мешаванд.
Ба заминҳои захираи ноҳия (шаҳр) заминҳое, ки барои истифодаи ғайрикишоварзӣ дода шудаанду ҳуқуқи истифодаашон қатъ гардонида шудааст, дохил карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 40. Шартҳои гирифтани замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 1.08.2012 № 891)
Заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар ҳуқуқҳои бақайдгирифташудаи вобаста ба замин бояд на дертар аз як сол то гирифтани қитъаи замин дар бораи он аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба таври хаттӣ огоҳ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар ҳуқуқҳои бақайдгирифташудаи вобаста ба замин, ки дар бораи гирифтани қитъаи заминаш барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ қарор қабул карда шудааст, то аз тарафи суд қабул шудани қарор аз рӯи даъво ҳуқуқи ба замин доштаашро амалӣ менамояд, истифодабарии қитъаро мувофиқи таъиноташ таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 40(1). Хабардор кардан дар бораи гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Раванди гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ шаффоф мебошад.
Тамоми қарорҳо дар бораи гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ба забонҳои давлатӣ ва русӣ дар давоми панҷ рӯзи корӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки қарор қабул намудааст, интишор карда мешаванд.
Тамоми қарорҳо дар бораи тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин модда интишор карда мешаванд. Лоиҳаҳои дорои хусусияти меъморӣ-шаҳрсозидошта, аз ҷумла нақшаҳои генералии сохтмон барои шиносоии умум озод буда, дар шакли макетҳои алоҳида дар ҷойҳои дастраси мардум, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян кардааст, дар тамоми давраи амалишавии онҳо гузошта мешаванд. Ин макетҳо барои шиносоӣ дар давоми 10 рӯз баъди тасдиқ шудан то рӯзи охирони амалӣ шудани онҳо пешниход карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
БОБИ 6. ҶУБРОНИ ТОВОНИ ЗАРАРИ ЗАМИНИСТИФОДАБАРАНДАГОН ВА ҶУБРОНИ ТАЛАФ ВОБАСТА БА ГИРИФТАНИ ЗАМИНҲО АЗ ГАРДИШ
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Моддаи 41. Ҷуброни зарари заминистифодабарандагон ва ё истифодабарандаи дигар ҳуқуқҳои бақайдгирифташудаи вобаста ба замин ҳангоми гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ аз заминистифодабарандагон ва ё истифодабарандагони дигар ҳуқуқҳои бақайдгирифташуда вобаста ба замин мумкин аст баъд аз амалҳои зерин анҷом дода шавад:
а) баъди бо хоҳиши онҳо ҷудо кардани қитъаи замини баробарарзиш;
б) дар маҳали нав аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои онҳо қитъаи замин ҷудо карда мешавад бо тартиби муқарраргардида сохтани манзил, корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар сохтмонҳои аз рӯи таъинот монанд ва баробарарзиш ё ин ки дар шакли пулии арзиши он;
в) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброни ҳаҷми пурраи ҳамаи зарарҳои расонидашуда, ҳамчунин фоидаи аздастрафта.
Ҳангоми гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ тамоми зарар бо нархҳои бозорӣ баҳо дода шуда, бо назардошти ҷойгиршавии қитъаи замин ҳисоб карда мешавад ва аз ҷониби шахсоне, ки ба манфиати онҳо замин гирифта мешавад, пардохт мегарданд.
Бекор кардани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии он барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ метавонад баъди ба заминистифодабаранда ҷудо намудани қитъаи замини баробарарзиш бо ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии он ва ҷуброни товони зарарҳои дигаре, ки дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, амалӣ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891, аз 19.07.2022 № 1902).
Дар ҳолати норозӣ будан ба андоза ва шартҳои ҷуброни зарар, заминистифодабаранда ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 42. Ҷуброни талаф вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиш
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Талафот вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиш аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба онҳо ин намудҳои замин бо мақсадҳои ғайрикишоварзӣ дода мешаванд, ҷуброн карда мешавад.
Ҳангоми ҳисобкунии талаф вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиш меъёрҳои арзиши азхудкунии заминҳои нав ва беҳтар намудани ҳолати заминҳои мавҷуда бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба андозаи на камтар аз маҳсулоти истеҳсолшуда дар қитъаҳои замини гирифташуда ё истеҳсоли маҳсулоти пеш аз пастшавии сифати ин қитъаҳо истеҳсолшуда истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 43. Тартиби ҷуброни зарари заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар ҳуқуқҳои бақайдгирифташудаи вобаста ба замин ва талаф вобаста ба гирифтани қитъаи заминҳо аз гардиш
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Ҷуброни зарари заминистифодабарандагон ва ё истифодабарандаи дигар ҳуқуқҳои бақайдгирифташудаи вобаста ба замин ва талаф вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиш дар ҳолати гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ то гирифтани замин аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияташон зарурати гирифтани заминро ба миён овардааст, ба амал бароварда мешавад.
Тартиби ҷуброни зарари заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар ҳуқуқҳои бақайдгирифташудаи вобаста ба замин ва талаф вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиш ҳангоми гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 44. Истифодаи маблағҳое, ки дар натиҷаи ҷуброни талаф вобаста ба гирифтани қитъаҳои замин аз гардиш ворид мешаванд
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Маблағҳое, ки дар натиҷаи ҷуброни талаф вобаста ба гирифтани қитъаҳои замин аз гардиш ворид мешаванд, ба ҳисобномаи махсуси буҷети ҷумҳурӣ ворид карда шуда, мутобиқи моддаи 36 ҳамин Кодекс сарф карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 45. Озод кардан аз ҷуброни талаф вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиш ва хоҷагии ҷангал
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Талаф вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиш ва хоҷагии ҷангал, ба истиснои ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замин бо ҳуқуқи бегона намудани онҳо дар мавриди гирифтани қитъаҳои замин барои мақсадҳои зайл ҷуброн намешавад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357,  аз 1.08.2012 № 891):
-барои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ;
-барои қабристонҳо;
-барои иншооти хоҷагии об ва мелиоративӣ ҳангоми ободонии заминҳои нав ва ё аз нав танзим кардани шабакаҳои обёрию заҳбурҳо;
-барои мактабу интернатҳо, хонаҳои бачагон ва муассисаҳои тиббӣ;
-барои эҳтиёҷоти мудофиа ва амният (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1824); 
-дар дигар ҳолатҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
БОБИ 7. ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАБАРИИ ҚИТЪАИ ЗАМИН 
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 19.07.2022 № 1902)
Моддаи 46. Ҳифзи ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1902)
Ҳифзи ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории гражданӣ, ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар амалӣ мегардад, аз ҷумла бо роҳи (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 19.07.2022 № 1902):
а) эътироф кардани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1902);
б) манъ кардани мудохила ба фаъолияти заминистифодабарандагон аз тарафи давлат ва заминистифодабарандагони дигар, ба ғайр аз мавридҳои вайрон кардани қонуни замин аз тарафи заминистифодабарандагон;
в) дар қонун муқаррар кардани номгӯи мукаммали ҳолатҳои манъ ва ё маҳдуд кардани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин аз тарафи давлат (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1902);
г) дар қонун муқаррар кардани кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ҳангоми манъ ё маҳдуд гардидани онҳо (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1902).
Моддаи 47. Баррасии баҳсҳо оид ба замин
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Баҳсҳо, ки аз муносибатҳои вобаста ба замин бармеоянд, аз ҷониби суд бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 48. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
 
Моддаи 49. Эътирофи ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин
(Қонуни ҶТ аз 25.03.2018 № 704, аз 19.07.2022 № 1902)
Эътирофи ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ҳангоми мавҷуд набудани ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар асоси қарори суд оид ба эътирофи соҳибмулкии амволи ғайриманқули дар ин қитъаи замин ҷойгирбуда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин дар маҳалҳо бо риояи талаботи Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2018 № 704, аз 1.08.2012 № 891, аз 19.07.2022 № 1902).
Моддаи 50. Барқарор кардани ҳуқуқи вайроншуда оид ба замин
Ҳуқуқи вайроншуда дар мавридҳои зайл барқарор карда мешавад:
а) аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин беэътибор дониста шудани санаде, ки ба қонунгузорӣ мутобиқ нест ва ҳуқуқи оид ба замин ва манфиатҳои қонунан муҳофизашавандаи заминистифодабарандагонро вайрон мекунад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891);
б) худсарона ишғол намудани қитъаи замин;
в) дар мавридҳои дигаре, ки бо қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
БОБИ 8. ҲИФЗИ ЗАМИН
Моддаи 51. Мақсаду вазифаҳои ҳифзи замин
Ҳифзи замин системаи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва дигар чорабиниҳоро дар бар мегирад, ки мақсад аз онҳо ҳифзи замин  ҳангоми истифода, муҳофизати ҳосилнокии хок, пешгирии харобшавии онҳо ва беасос аз истифодаи кишоварзӣ хориҷ намудани заминҳои пурқимат, инчунин барқарор намудан ва баланд бардоштани ҳосилнокии замин мебошад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Ҳифзи замин дар асоси муносибати комплексӣ ба замин чун ба воҳидҳои мураккаби табиӣ (системаҳои экологӣ) бо дарназардошти хусусиятҳои минтақавию ноҳиявии онҳо сурат гирифта, мақсадҳои зайл дорад:
- пешгирӣ намудани харобшавию вайроншавии замин ва дигар оқибатҳои номусоиди фаъолияти хоҷагидорӣ;
- таъмини беҳтару барқароршавии заминҳое, ки дучори харобшавию вайроншавӣ гардидаанд;
- ба вуҷуд овардани механизми баҳисобгирӣ ва санҷиши вазъи экологии замин, инчунин бо меъёрҳои экологӣ таъмин намудани заминистифодабарандагон, ки бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешаванд (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 52. Чорабиниҳо оид ба ҳифзи замин
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Заминистифодабарандагон оид ба ҳифзи замин чорабиниҳои зеринро амалӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891):
- ташкили дурусти ҳудуд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1825);
- барқарор кардан ва баланд бардоштани ҳосилнокии хок, ҳамчунин хусусиятҳои дигари замин;
- ҳифзи замин аз бодлесии (эрозияи) обу шамол, сел, обзеркунӣ, ботлоқшавӣ, сахту шӯршавӣ ва олудашавӣ бо партовҳои истеҳсолот, моддаҳои кимиёию радиоактивӣ ва аз дигар протсессҳои харобшавӣ;
- ҳифзи заминҳои кишоварзӣ аз пайдоиши буттазор, чакалакзор ва дигар равандҳои бадшавии ҳолати техникии киштукори замин;
- рекултиватсияи заминҳои харобшуда, барқарор кардани ҳосилнокии онҳо ва дигар хосиятҳои фоиданоки заминҳо ва сари вақт барои истеҳсолоти кишоварзӣ истифода бурдани онҳо;
- ҳангоми иҷрои корҳои вобаста ба харобшавии замин гирифтан, истифода бурдан ва нигоҳ доштани қабати ҳосилхези замин.
Агар дар кӯтоҳтарин фурсат барқарор намудани ҳосилнокии заминҳои кишоварзии харобгардида, ҳамчунин заминҳои бо моддаҳои кимиёӣ ва радиоактивӣ зиёда аз меъёри ҷоизи заҳролудшавӣ олудашуда ғайриимкон бошад, ба тартиби муқарраргардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи онҳо муваққатан манъ карда мешавад.
Моддаи 53. Талаботи экологӣ оид ба ҷобаҷогузорӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва ба истифода додани иншоотҳо, сохтмону иморатҳо
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Ҷобаҷогузорӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва ба истифода додани иншоотҳои нав ва таъмиркардашуда, сохтмонҳо ва иморатҳо, инчунин ҷорӣ намудани технологияи наве, ки ба ҳолати замин таъсири манфӣ мерасонад, бояд чорабиниҳоро доир ба ҳифзи замин, риояи талаботи экологӣ, санитарию гигиенӣ ва вобаста ба дигар талаботҳои махсуси муқаррарнамудаи қонунгузорӣ пешбинӣ намуда, бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 54. Ҳавасмандгардонии иқтисодии истифода ва ҳифзи замин
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Ҳавасмандгардонии иқтисодии истифода ва ҳифзи замин ба афзоиши ҳавасмандии заминистифодабарандагон барои нигоҳдорӣ ва барқарор кардани ҳосилнокии қабати хок, ҳамчунин ба ҳифзи он аз оқибатҳои манфии фаъолияти истеҳсолӣ нигаронида шуда, инҳоро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357):
а) ҷудо кардани маблағҳои буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ, ҳамчунин истифодаи маблағҳои ба тариқи ҷарима ба суратҳисоби махсус дохилшаванда барои барқарорсозии заминҳое, ки ба вайроншавии онҳо шахсони истифодабарандаи ин заминҳо гунаҳкор нестанд, инчунин барои анҷом додани корҳои агротехникӣ, мелиоратсияи ҷангал ва дигар тадбирҳои ҳифзи қабати хок;
б) озод кардан аз пардохти пули қитъаҳои замине, ки мувофиқи лоиҳаи иҷрои корҳо дар марҳалаи ободонии кишоварзӣ ё беҳбуди тарккунии ҳолаташон қарор доранд;
в) додани қарзҳои имтиёзнок барои чорабиниҳои беҳбуди ҳолат ва ташкили истифодаи замин;
г) қисман аз маблағҳои буҷет талофӣ намудани камшавии даромад дар натиҷаи муваққатан манъ кардани истифодаи қитъаҳои замине, ки ба ҳаробшавии он заминистифодабарандагон гунаҳкор нестанд;
д) ҳавасмандгардонӣ барои беҳтар намудани сифати замин, баланд бардоштани ҳосилнокии замини фонди ҷангал, истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ пок.
БОБИ 9. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ РИОЯИ ҚОНУНГУЗОРИИ ЗАМИН, ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАМИН
Моддаи 55. Мақомоте, ки назорати давлатии риояи истифода ва ҳифзи заминро анҷом медиҳанд
Назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин аз тарафи мақоми ваколатдори батанзимдарории муносибатҳо вобаста ба замин ва сохторҳои маҳаллии он ва мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 1.08.2012 № 891).
Тартиби анҷомдиҳии назорати давлатии риояи қонунгузории замин, истифодаю ҳифзи замин ва тақсими вазифаҳо дар байни мақомоте, ки назорати давлатиро анҷом медиҳанд ва риояи низомномаҳои онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 56. Вазифаҳои назорати давлатии риояи қонунгузории замин, истифода ва ҳифзи замин
Вазифаи назорати давлатии риояи қонунгузории замин, истифода ва ҳифзи замин аз тарафи тамоми заминистифодабарандагон, мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз тобеият ва шакли моликияташон, шахсони мансабдор аз таъмини иҷрои қонунгузории замин, риояи талаботи (қоидаю меъёрҳои) махсус ва иҷрои чорабиниҳои оид ба истифодаю ҳифзи замин иборат мебошанд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
БОБИ 10. ЗАМИНСОЗӢ, КАДАСТРИ ДАВЛАТИИ ЗАМИН ВА МОНИТОРИНГИ ЗАМИН
Моддаи 57. Мафҳуми заминсозӣ
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Заминсозӣ маҷмӯи чорабиниҳоест, ки танзими ҳудудии муносибатҳои вобаста ба замин, омӯзиш, банақшагирӣ, ташкили истифода ва ҳифзи заминҳо, таъсиси заминистифодабарии нав ва танзими заминистифодабарии мавҷуда, фондҳои замин, воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва дигар объектҳои заминсозӣ бо нишон додани сарҳадҳо дар маҳал, ободонии ҳудуди ташкилотҳои кишоварзӣ ва беҳдошти манзараҳои табиатро таъмин мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1825).
Ба танзимдарории муносибатҳо вобаста ба заминсозӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи заминсозӣ" ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 58 хориҷ карда шуд
(бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 28.02 соли 2004, № 23)
Моддаи 59 хориҷ карда шуд
(бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 28.02 соли 2004, № 23)
Моддаи 60 хориҷ карда шуд
(бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 28.02 соли 2004, № 23)
Моддаи 61. Мафҳум ва таъиноти кадастри давлатии замин
Кадастри давлатии замин ягонагии ҷудонашавандаи системаи автоматикунонидаи маълумоти кадастри замин ва раванди кадастри замин мебошад.
Мақсади кадастри давлатии замин аз дастрас шудани маълумоти боэътимод оид ба ҷойгиршавии заминҳои фонди ягонаи давлатии замин аз ҷиҳати табиӣ, ҳуқуқӣ ва хоҷагидорӣ иборат мебошад.
Кадастри давлатии замин маълумоти оид ба ташкили истифодаи дурусту ҳифзи замин, ба низом овардани муносибатҳои вобаста ба замин, асоснок кардани андозаи пардохти пули замин, танзими замин ва арзёбии фаъолияти хоҷагидориро дар бар мегирад. Вай яке аз самтҳои идоракунии фонди давлатии замини ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Кадастри давлатии замин бо системаи ягонаи дар ҷумҳурӣ буда аз ҳисоби воридшавии пули замин аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва сохторҳои маҳаллии он бурда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Тартиби амалӣ кардани кадастри давлатии заминро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Мақомот ва шахсони мансабдор, ки кадастри давлатии заминро ҷорӣ менамоянд, вазифадоранд дурустии маълумоти ба ҳуҷҷатҳои кадастрӣ дохилшаванда, ҳамчунин ба шахсони ҳуқуқии манфиатдор дастрас шудани ин маълумотро таъмин намоянд.
Моддаи 62. Раванди кадастри замин
Раванди кадастри замин ба мақсади давра ба давра ё пай дар пай аз нав кардани маълумоти кадастри замин ба роҳ монда мешавад.
Раванди кадастри замин аз қисмҳои таркибии зайл иборат мебошад:
- бақайдгирии давлатии истифодаи замин;
- баҳисобгирии миқдор ва сифати замин;
- бонитировкаи (муайянсозии сифати) хок;
- арзёбии иқтисодии замин.
Амалисозии раванди кадастри замин дар натиҷаи бароҳмонии корҳои аэрокайҳонӣ, топографию геодезӣ, картографӣ, хокшиносӣ, геоботаникӣ, мелиоративӣ ва навъҳои дигари корҳои чустуҷӯю таҳқиқот таъмин карда мешавад.
Моддаи 63. Мониторинги замин
Мониторинги замин мушоҳидаи мунтазами (корҳои аксбардорӣ ва таҳқиқоту ҷустуҷӯӣ) ҳолати замин, муайян кардани тағйироти воқеъшаванда ва арзёбии онҳо мебошад.
Вазифаҳои мониторинги замин аз инҳо иборат аст:
а) сари вақт маълум кардани тағйироти ҳолати замин, арзёбии ин тағйирот, ояндабинӣ ва таҳияи тавсияҳо оиди пешгирию бартараф кардани оқибатҳои равандҳои манфӣ;
б) таъмини иттилоотии пешбурди кадастри давлатии замин, истифодаи дурусти замин, заминсозӣ, назорати истифода ва ҳифзи замин ва дигар вазифаҳои идоракунии давлатии заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БОБИ 11. ЗАМИНҲОИ ТАЪИНОТИ КИШОВАРЗӢ
Моддаи 64. Мафҳум ва таркиби заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Заминҳои таъиноти кишоварзӣ тамоми заминҳое ба ҳисоб мераванд, ки барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ истифода мешаванд.
Заминҳои таъиноти кишоварзӣ аз заминҳои корам, дарахтони бисёрсола, заминҳои партов, заминҳои алафдарав ва чарогоҳҳо, заминҳое, ки дар онҳо роҳҳои дохилихоҷагӣ, коммуникатсияҳо, обанборҳо, иншоотҳои гидротехникӣ ва биною иморатҳо воқеъ буда, барои истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди аввали маҳсулоти кишоварзӣ истифода мешаванд, ҳамчунин дигар заминҳои ғайрикишоварзии дар дохили гурӯҳи мазкури заминҳо ҷойгиршуда иборат мебошанд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 65. Додани заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Заминҳои таъиноти кишоварзӣ ба инҳо дода мешаванд:
- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ба роҳ мондани истеҳсолоти кишоварзӣ;
- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои боғдорию полезкорӣ;
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 405);
- ба муассисаҳои таҳқиқоти илмӣ, таълимӣ ва дигар муассисаҳою корхонаҳои кишоварзӣ, омӯзишгоҳҳои истеҳсолию техникии деҳот ва мактабҳои таълимоти умумӣ барои мақсадҳои тадқиқотӣ, таълимӣ, тарғиби таҷрибаҳои пешқадам ва барои ба роҳ мондани истеҳсолоти кишоварзӣ;
- ба корхона, ташкилоту муассисаҳои ғайрикишоварзӣ, ташкилотҳои динӣ барои бароҳмонии хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ.
Моддаи 66. Додани замин ба хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)
Қитъаи замин ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташкили хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ба истифодаи якумраи меросии тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)" дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 67. хориҷ карда шуд
(бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани таӣйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 28.02 соли 2004, № 23)
Моддаи 68. хориҷ карда шуд
(бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани таӣйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 28.02 соли 2004, № 23)
Моддаи 69. хориҷ карда шуд
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани таӣйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 28.02 соли 2004, № 23)
Моддаи 70. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Моддаи 71. Додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 1.08.2012 № 891)
Қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон аз ҷониби ҷамоати деҳот, шаҳрак ва шаҳрҳо мутобиқи қарори раисони шаҳрҳо, ноҳияҳо, вилоятҳо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ваколаташон, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст, ҷудо карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба андозаи то 0,12 гектар аз заминҳои обӣ ва ба андозаи то 0,25 гектар аз заминҳои обёринашаванда, дар ноҳияҳои навкорам ва кӯҳӣ ба андозаи то 0,15 гектар аз заминҳои обӣ ва ба андозаи то 0,40 гектар аз заминҳои обёринашаванда, ки масоҳати сохтмонҳо ва ҳавлӣ ба хамин ҳисоб дохил мешаванд, дода мешавад.
Андозаи мушаххаси қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар доираи меъёрхои нишондодашуда бо назардошти фонди замини мавҷуда ба зичии аҳолӣ дар асоси нақшаи кулли тараққиёт ва дигар нақшаи тараққиёти маҳалҳои аҳолинишин муайян карда мешавад.
Меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандонро маҷлиси вакилони халқи ноҳия, шаҳр муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891). 
Эзоҳ: "Қисми дуюми моддаи мазкур ба қитъаҳои замини наздиҳавлигии пештар додашуда, татбиқ карда намешавад. Барои гирифтани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, бо назардошти фонди замини мавҷуда, шаҳрвандон - роҳбарони оилаҳои нопурра, инчунин шахсони танҳои болиғе, ки дар никоҳ қарор надоранд ва дар якҷоягӣ бо хешовандонашон зиндагӣ намекунанд, ҳуқуқ доранд  (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 71(1). Тартиби додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон
 (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 1.08.2012 № 891)
Шаҳрвандон барои гирифтани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муроҷиат менамоянд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 18.06.2008 № 405).
Додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳолати мавҷуд будани фонди замини наздиҳавлигӣ амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 18.06.2008 № 405).
Раисони ноҳияҳо, шаҳрҳо дар ҳолати мавҷуд набудани фонди замини наздиҳавлигӣ рӯйхати шаҳрвандони ба онҳо муроҷиаткардаро тартиб дода, бо мақоми болоӣ оид ба ҷудо намудани заминҳо барои ин мақсад, агар ҷудо намудани замин ба салоҳияти онҳо дохил набошад, муроҷиат менамоянд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 18.06.2008 № 405).
Шаҳрвандоне, ки дорои қитъаи замини наздиҳавлигӣ мебошанд, ба онҳо дар ҳамин ноҳия, шаҳр дуюмбора қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки зарурияти кӯчонидани оилаҳоро талаб мекунанд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 1.08.2012 № 891).
Тақсим шудани оилаи шаҳрвандон боиси тақсими қитъаи замини наздиҳавлигӣ намегардад.   
Дар мавридҳои алоҳида, агар қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз меъёри муайяншуда зиёд бошад, онро ба оилаи навташкил ва ё ба дигар оила тақсим кардан мумкин аст.
   Агар оилаи навташкил мувофиқи тартиби муқарраргардида дар ҷамоат ба қайд гирифта шуда бошад, тибқи тартиби умумӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин карда мешавад  (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).    
Моддаи 71(2). Додани замин барои ташкили хоҷагии иловагии ёрирасони шахсӣ
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Ба шаҳрвандон барои ташкили хоҷагии иловагии ёрирасони шахсӣ бо розигии заминистифодабарандагони якумдараҷа қитъаҳои замин тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Қитъаи замин барои ин мақсадҳо аз заминҳои обӣ то 0,15 гектар ва аз заминҳои обёринашаванда то 0,50 гектар дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 71(3). Додани қитъаҳои замин ба шаҳрвандон барои чаронидани чорво ва алафдаравӣ
Ба шаҳрвандон, ки дар моликияти шахсиашон чорво доранд, барои чаронидани чорво ва алафдаравӣ бо дархости ҷамоатҳо аз заминҳои захиравӣ, фонди ҷангал, заминҳои маҳалҳои аҳолинишин, инчунин аз заминҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар ташкилотҳое, ки дар истифодаашон заминҳои кишоварзӣ доранд, қитъаҳои замин бо тартиби зерин ҷудо карда мешаванд:
а) аз заминҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар ташкилотҳое, ки дар истифодаашон заминҳои кишоварзӣ доранд - бо қарори маҷлиси умумии ин хоҷагиҳо ва ташкилотҳо;
б) аз заминҳои захираи давлатӣ - бо қарори раисони ноҳияҳо (шаҳрҳо);
в) аз заминҳои фонди давлатии ҷангал - бо қарори раисони ноҳияҳо (шаҳрҳо) дар мувофиқа бо мақомоти хоҷагии ҷангал.
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 72. Додани қитъаҳои замин барои боғдорию полизкории коллективӣ
Қитъаҳои замин барои боғдорию полизкории коллективӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз заминҳое, ки қаблан дар истеҳсолоти кишоварзӣ истифода намешуданд, дода мешавад. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қитъаҳои замин барои боғдорию полизкории коллективӣ аз рӯи ҳисоби то 0,06 гектарӣ ба ҳар як аъзои коллектив дода мешавад. Тартиби додани қитъаи замин барои боғдорию полизкории коллективӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 73. Шартҳои тағйир додани ҳудуду андозаҳои заминистифодабарӣ
Ҳудуду андозаҳои заминистифодабарии корхонаю ташкилот ва муассисаҳои кишоварзӣ ҳангоми калон ё хурд кардани хоҷагиҳо бо назардошти мавқеи ҷойгиршавӣ, шумораи аҳолӣ, кормандон, саҳмдорон дар асоси қарори маҷлиси умумӣ ё маҷлиси намояндагони онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода шуда, ҳуқуқи истифодаи замин аз нав ба қайд гирифта мешавад.
Моддаи 74. Ҷойгиркунии объектҳои сохтмони дохилихоҷагӣ
Объектҳои сохтмони дохилихоҷагии корхонаҳои кишоварзӣ мувофиқи нақшаи тасдиқшудаи заминсозӣ, лоиҳаҳои дохилихоҷагии заминсозӣ ё лоиҳаҳои тарҳрезию сохтмони маҳалҳои аҳолинишини деҳот ҷойгир кунонида мешаванд.
Ҷойгиркунии иншоот барои сохтмони дохилихоҷагӣ дар заминҳои дар моддаи 29-и ҳамин Кодекс зикршуда танҳо дар ҳолатҳои махсус бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
Тартиби додани қитъаҳои замин барои сохтмони дохилихоҷагӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 75. Тартиб ва шартҳои додани заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Заминҳои таъиноти кишоварзӣ бо тартиби заминсозии байнихоҷагӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мувофиқаи заминистифодабарандагон мутобиқи Кодекси мазкур дода мешаванд.
Додани заминҳои таъиноти кишоварзӣ ба корхонаҳои кишоварзӣ дар ҳудуди барои фаъолияти хоҷагӣ мувофиқ сурат мегирад. Ба порчадармиёнӣ, рахнашавии заминҳо ва дигар норасоиҳо дар заминистифодакунии онҳо роҳ дода намешавад.
Барҳамдиҳии порчадармиёнӣ, рахнашавии заминҳо ва дигар норасоиҳо дар заминистифодабарии корхонаҳои кишоварзӣ бо ризояти тарафайн аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва сохторҳои маҳаллии он, бо тартиби заминсозии байнихоҷагӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи заминсозӣ" ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Ба корхона, ташкилоту муассисаҳои ғайрикишоварзӣ, ҳамчунин ба ташкилоти динӣ қитъаҳои замин барои пешбурди хоҷагии кишоварзии ёрирасон ба мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ барои таъмини кормандону хизматчиёни корхона, ташкилоту муассисаҳои мазкур, ошхонаҳои мактабҳо, муассисаҳои бачагона, беморхонаҳо, хонаҳои пиронсолону маъюбон, шифохонаҳо ва истироҳатгоҳҳо дода мешавад.
БОБИ 12. ЗАМИНҲОИ МАҲАЛҲОИ АҲОЛИНИШИН (ШАҲРҲО, ШАҲРАКҲО ВА МАҲАЛҲОИ АҲОЛИНИШИНИ ДЕҲОТ)
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Моддаи 76. Замини шаҳр
Ба замини шаҳр ҳамаи заминҳои ҳудуди маъмурии шаҳр дохил мешаванд.
Замини шаҳр дар ихтиёри ҳокимияти маҳалии шаҳр мебошад.
Моддаи 76(1). Ҳудуди маъмурии шаҳр
Ҳудуди маъмурии шаҳр сарҳади гурӯҳҳои шаҳр мебошад, ки онро аз дигар намудҳои замин ҷудо мекунад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Ҳудуди маъмурии шаҳр аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва тағйир дода мешавад.
Ба ҳудуди маъмурии шаҳр дохил намудани қитъаҳои замин боиси қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи ин қитъаҳо аз тарафи заминистифодабарандагони пештара намегардад ва гирифтани ин заминҳо барои эҳтиёҷоти шаҳр мувофиқи нақшаи генералии шаҳрсозӣ бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 77. Таркиби заминҳои шаҳр
Ба таркиби заминҳои шаҳр инҳо дохил мешаванд:
а) заминҳои минтақаҳои истиқоматии шаҳрҳо (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357);
б) заминҳои истифодаи умумӣ;
в) заминҳои истифодаи кишоварзӣ;
г) заминҳои зери боӣҳо ва ҷангалу буттазорҳо (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357);
д) заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, қубурҳои магистралӣ ва заминҳои таъиноти дигар;
е) заминҳои зери об ва обанборҳо (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357);
ж) заминҳои захираи шаҳрҳо (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 77(1). Истифодаи замини шаҳр
Замини шаҳр мувофиқи нақшаҳои генералии шаҳр, лоиҳаҳои муфассали тарҳрезию сохтмонӣ, инчунин нақшаҳои сохтмони замину хоҷагидории ҳудуди шаҳр истифода бурда мешавад.
Моддаи 77(2). Додани қитъаҳои замин дар шаҳр
Қитъаҳои замин дар шаҳр барои истифодаи бемӯҳлат, мӯҳлатнок ва иҷора мутобиқи моддаи 26 ҳамин Кодекс дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357). 
Моддаи 77(3). Заминҳои захираи шаҳрҳо
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Заминҳои захираи шаҳрҳо қитъаҳои замине мебошанд, ки дар ҳудуди шаҳр ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истифода дода нашудаанд, инчунин қитъаҳои заминҳое, ки нисбати онҳо ҳуқуқи истифода тибқи моддаи 37 Кодекси мазкур қатъ гардидааст (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357). 
Моддаи 77(4). Заминҳои минтақаҳои истиқоматии шаҳрҳо
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Заминҳои минтакаҳои истиқоматии шаҳрҳо, заминҳое мебошанд, ки дар онҳо биноҳои истиқоматӣ ва ҳамчунин қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷойгир шудаанд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 77(5). Додани қитъаҳои замин барои сохтмон дар шаҳр
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қитъаҳои замин барои сохтмони саноатӣ, манзилӣ, маданию маишӣ ва дигар намудҳои сохтмони асосӣ дода мешаванд.
Андозаи қитъаҳои замин ва шартҳои ба мақсади мазкур истифода бурдани онҳо мувофиқи Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 77(6). Заминҳои истифодаи умумӣ дар шаҳр
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Заминҳои истифодаи умумӣ аз заминҳои роҳҳо, роҳравҳо, боғҳои истироҳатӣ, гулгаштҳо, майдонҳо, заминҳои таъиноти маданию маишӣ, қабристонҳо ва дигар заминҳои истифодаи умумӣ иборат мебошанд.
Моддаи 77(7). Додани заминҳои истифодаи умумӣ барои сохтмони бино ва иншоотҳои сабук
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Қитъаҳои замин аз заминҳои истифодаи умумӣ ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ ба истифодаи бемӯҳлат ва мӯҳлатнок барои сохтмонҳои навъи сабук (хаймаҳои савдо, дӯконҳо, иншооти рекламавӣ ва ҳоказо) бидуни расонидани зарар барои истифодаи умумӣ дар асоси қарори раиси шаҳр дода мешаванд.
Моддаи 77(8). Заминҳои истифодаи кишоварзӣ дар шаҳр
Ба заминҳои истифодаи кишоварзӣ дар шаҳр заминҳои корхонаю ташкилотҳои кишоварзӣ, ки дар ҳудуди заминҳои маъмурии шаҳр воқеанд, дохил мешаванд.
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 77(9). Заминҳои зери боғҳо ва ҷангалу буттазорҳои шаҳр
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Ба заминҳои зери боғҳо ва ҷангалу буттазорҳои шаҳр заминҳое дохил мешаванд, ки дар онҳо боғҳо ва ҷангалу  буттазорҳо ҷойгир шуда бо мақсади беҳбуди вазъи муҳити зист, қонеъ гардонидани талаботи маданию эстетикии аҳолӣ, ҳифзи замин аз бодлесшавии обу шамол хизмат мекунанд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 77(10). Заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, қубурҳои магистралӣ ва заминҳои таъиноти дигари шаҳрҳо
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Ба заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, қубурҳои магистралӣ ва заминҳои таъиноти дигар дар шаҳр заминҳое дохил мешаванд, ки онҳо барои истифода ба роҳҳои нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, роҳҳои обӣ ва ҳавоӣ, қубурҳо, хатҳои интиқоли барқ, алоқа, заминҳои саноатии коркарди канданиҳои фоиданок ва ғайра дода шудаанд.
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 77(11). Заминҳои зери об ва обанборҳо
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Ба заминҳои зери об ва обанборҳо заминҳои зери обанборҳо, зери кӯлҳо, дарёҳо, каналҳо, ботлоқ, иншоотҳои гидротехникӣ ва дигари дар зери об қарордошта дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 77(12). Заминҳои шаҳрак
Тамоми заминҳои дохили ҳудуди шаҳрак ба заминҳои шаҳрак дохил мешаванд.
Заминҳои шаҳрак дар ихтиёри мақомоти худидоракунии шаҳрак мебошад.
Ба заминҳои шаҳрак муқаррароти моддаҳои 76-80 ҳамин Кодекс ба ғайр аз моддаҳои 77(2). ва 77(7). паҳн мегарданд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 77(13). Заминҳои маҳали аҳолинишини деҳот
Ба заминҳои маҳали аҳолинишини деҳот ҳамаи заминҳое тааллуқ доранд, ки дар дохили сарҳадҳои муқарраршудаи ин маҳали аҳолинишини деҳот воқеъ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Заминҳои маҳали аҳолинишини деҳот дар ихтиёри мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ мебошанд.
Заминҳои маҳали аҳолинишини деҳот мувофиқи лоиҳаҳои сохтмон ва нақшаи хоҷагидорӣ барои заминҳои наздиҳавлигӣ, сохтмони биноҳои истиқоматӣ, маданию маишӣ, иншооти истеҳсолӣ ва дигар мақсадҳо истифода бурда мешаванд.
Ҳудуди маҳали аҳолинишини деҳот бо пешниҳоди мақомоти худидоракунии деҳот аз тарафи мақомоти дахлдори ҳокимияти маҳаллӣ дар доираи салоҳияти он муқаррар ва тағйир дода мешавад.
Моддаи 78. Заминҳои минтақаи наздишаҳрию сабзазорҳо
Заминҳои берун аз ҳудуди шаҳр, ки манбаи васеъшавии ҳудуди шаҳр, маҳали ҷойгиронӣ ва сохтмони иншооти зарури марбут ба ободонию фаъолияти мӯътадили хоҷагии шаҳр мебошанд, инчунин замини ҷангалу бешабоғ ва дигар дарахту буттазор, ки вазифаи муҳофизавӣ ва санитарию гигиениро иҷро менамоянду ҷои истироҳати омма мебошанд, мутобиқан ҳамчун заминҳои минтақаи наздишаҳрию кабудизори шаҳр истифода мешаванд.
Моддаи 79. Тартиби ҷудо кардани минтақаҳои наздишаҳрию кабудизорҳо
Минтақаҳои наздишаҳрию кабудизорҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муайян кардани андозаю ҳудуди минтақа, инчунин тартиби заминистифодабарӣ дар онҳо ҷудо карда мешаванд.
Ба минтақаҳои наздишаҳрию кабудизорҳо дохил намудани қитъаҳои замин боиси гирифтани қитъаҳои замин намегардад ва заминистифодабарандагон ҳуқуқи худро ба ин қитъаҳо нигоҳ медоранд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 80. Ҳифзи заминҳои минтақаи наздишаҳрию кабудизорҳо
Заминҳои минтақаҳои наздишаҳрию кабудизорҳо таҳти муҳофизати махсус мебошанд. Дар ин заминҳо сохтани иншоот, ки ба корҳои муҳофизатӣ, санитарию гигиении минтақаҳои наздишаҳрию кабудизорҳо ва ба мақсади ташкили истироҳати омма алоқаманд намебошанд, манъ аст.
БОБИ 13. ЗАМИНҲОИ САНОАТ, НАҚЛИЁТ, АЛОҚА, МУДОФИА ВА ТАЪИНОТИ ДИГАР
Моддаи 81. Заминҳои саноат
Заминҳои саноат заминҳое мебошанд, ки ба корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои саноатӣ барои сохтмон, истеҳсолоти саноатӣ, ҳамчунин барои эҳтиёҷоти хоҷагидорӣ ва дигар эҳтиёҷоти махсус дода шудаанд.
Моддаи 82. Заминҳои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок
Заминҳои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок қитъаҳои замине ба ҳисоб мераванд, ки ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ барои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд.
Шахсони воқеию ҳуқуқӣ ҳангоми иҷрои корҳои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок ӯҳдадоранд, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии заминистифодабарандагони ҳамсояро вайрон накунанд ва тамоми тадбирҳои зарурии таъмини истифодаи дурусту ҳифзи заминро андешанд.
Моддаи 83. Қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини барои коркарди канданиҳои фоиданок додашуда
Баробари қатъ гардидани ҳуқуқи коркарди канданиҳои фоиданок аз рӯи асосҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ дар бораи сарватҳои зеризаминӣ ҳуқуқи шахсони воқеию ҳуқуқӣ барои истифодаи қитъаи замини барояш ҷудокардашуда низ қатъ мегардад.
Дар ин маврид шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд, ки заминро ба ҳолати аввала барқарор намуда, мувофиқи тартиби муқарраршуда ба заминистифодабарандаи якумдараҷа баргардонанд.
Моддаи 84. Заминҳои нақлиёт
Тамоми заминҳое, ки барои эҳтиёҷоти навъи нақлиёти дахлдор дода шудаанду бо нигоҳдошт, таҷдид, тараққию такмили роҳҳои алоқа вобастаанд, заминҳои нақлиёт дониста мешаванд.
Ин заминҳо ба заминҳои нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, обӣ ва ҳавоӣ ҷудо мешаванд.
Моддаи 85. Заминҳои қубурҳои магистралӣ
Заминҳои қубурҳои магистралӣ (қубурҳои газ, нафт) қитъаҳои замине ҳисоб мешаванд, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ҷойгиронии биною иншоотҳои ёрирасон, хизматрасонӣ ва дигар иншоотҳои таъминкунандаи истифодаи меъёрии ин соҳа мутобиқи лоиҳаҳои техникӣ дода шудаанд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба онҳо қитъаҳои замин барои истифодаи мӯҳлатнок ҷиҳати гузаронидани қубурҳои магистралӣ ҷудо шудаанд, пас аз анҷом додани корҳои сохтмонӣ вазифадоранд ин қитъаҳоро ба ҳолати пештараашон баргардонанд.
Моддаи 86. Заминҳои хати алоқа, радио ва барқ
Ба заминҳои хати алоқа, радио ва барқ заминҳое мансубанд, ки ба корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои истифодабарандаи ин хатҳо мувофиқи меъёр ва лоиҳаҳои техникӣ барои сохтани пояҳои хати ҳавоии алоқа, радио ва интиқоли барқ, сохтани иморату иншоот ва дигар дастгоҳҳо дода шудаанд.
Моддаи 87. Заминҳо барои эҳтиёҷоти мудофиа
Заминҳо барои эҳтиёҷоти мудофиа заминҳое ба ҳисоб мераванд, ки барои ҷойгир кунондан ва фаъолияти доимии қисмҳо ва муассисаҳои ҳарбӣ, мактабҳои таълимии ҳарбӣ, ташкилоту корхонаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадӣ ва дохилӣ дода шудаанд.
БОБИ 14. ЗАМИНҲОИ ҲИФЗИ ТАБИАТ, СОЛИМГАРДОНӢ, РЕКРЕАТСИОНӢ ВА ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ
Моддаи 88. Заминҳои ҳифзи табиат
Ба заминҳои ҳифзи табиат заминҳои мамнӯъгоҳҳо, боғҳои миллию дендрологӣ, боғҳои ботаникӣ, парваришгоҳҳо (ғайр аз парваришгоҳҳои шикорӣ) ва ёдгориҳои табиат мансубанд.
Дар заминҳои мазкур фаъолияти хилофи таъиноти мақсадноки онҳо манъ аст.
Барои таъмини режими мамнӯъгоҳҳо, боғҳои миллию дендрологӣ, боғҳои ботаникӣ, парваришгоҳҳо (ғайр аз парваришгоҳҳои шикорӣ), ёдгориҳои табиат минтақаҳои муҳофизатӣ таъсис дода, дар заминҳои ин минтақаҳо машғул шудан бо фаъолияте, ки ба риояи режими онҳо таъсири манфӣ мерасонад, манъ карда мешавад.
Тартиби истифодаи заминҳои ҳифзи табиатро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 89. Заминҳои солимгардонӣ
Ба заминҳои солимгардонӣ қитъаҳои замине дохил мешаванд, ки омилҳои табиии муолиҷавӣ (чашмаҳои оби маъданӣ, гили шифобахш, шароити иқлим ва дигар шароит) дошта, барои ташкили профилактикаю табобат мусоид мебошанд.
Заминҳои курортҳо бояд махсус муҳофизат шаванд. Ба мақсади ҳифзи омилҳои муолиҷавии табиат дар ҳамаи курортҳо минтақаҳои муҳофизати санитарӣ муқаррар карда мешавад. Қитъаҳои замине, ки дар онҳо минтақаҳои мазкур муқаррар мегарданд, аз заминистифодабарандагон гирифта намешаванд. Дар доираи ин минтақаҳо ба корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки фаъолияташон бо муҳофизати хусусиятҳои муолиҷавии табиӣ ва шароити мусоиди истироҳати аҳолӣ номувофиқанд, барои истифода додани қитъаҳои замин манъ аст.
Тартиби истифодаи заминҳои солимгардониро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муаяйн менамояд.
Моддаи 90. Заминҳои рекреатсионӣ (истироҳатӣ)
Заминҳои рекреатсионӣ заминҳое мебошанд, ки барои истироҳати муташаккилонаи оммавӣ, туризми аҳолӣ пешбинӣ ва истифода мешаванд.
Ба онҳо қитъаҳои замини хонаҳои истироҳатӣ, пансионатҳо, санаторияҳо, кемпингҳо, базаҳои туристӣ, лагерҳои туристию солимгардонии статсионарию хаймавӣ, хонаҳои моҳигирон ва шикорчиён, бошишгоҳҳои туристии бачагона, боғҳои истироҳатӣ, лагерҳои пионерӣ ва варзишии берун аз заминҳои солимгардонӣ ҷойгиршуда мансуб мебошанд.
Дар заминҳои рекреатсионӣ фаъолияте, ки барои истифодаи мақсадноки заминҳо монеъ мешаванд, манъ аст.
Тартиби истифодаи заминҳои мазкурро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 91. Заминҳои таъиноти таърихию фарҳангӣ
Ба заминҳои таъиноти таърихию фарҳангӣ заминҳои мамнӯъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, боғҳои ёдгорӣ, мақбараҳо ва ёдгориҳои бостонӣ дохил мешаванд.
Дар ин заминҳо ҳар гуна фаъолияти хилофи таъиноти мақсадноки онҳо манъ аст. Тартиби истифодаи чунин заминҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
БОБИ 15. ЗАМИНҲОИ ФОНДИ ДАВЛАТИИ ҶАНГАЛ
Моддаи 92. Заминҳои фонди давлатии ҷангал
Заминҳои фонди давлатии ҷангал заминҳои ҷангалзор, инчунин заминҳои бедарахте, ки барои эҳтиёҷоти хоҷагии ҷангал дода шудаанд, ба ҳисоб мераванд.
Заминҳои фонди давлатии ҷангал бояд аз дигар гурӯҳҳои заминҳо ба воситаи нишонаҳои марзии намунаашон муқарраршуда ҷудо карда шаванд.
Моддаи 93. Истифодаи заминҳои фонди давлатии ҷангал
Заминҳои фонди давлатии ҷангал мувофиқи мақсади асосии таъиноташон барои ташкили хоҷагии ҷангал ва эҳтиёҷоти хоҷагии халқ истифода мешаванд.
Истифодаи заминҳои фонди давлатии ҷангалро барои ташкили хоҷагии ҷангал (барқарор ва парвариш намудани ҷангалзор ва ғайра) ва ҷамъоварии неъматҳои табиат мақомоти хоҷагии ҷангал, инчунин дигар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои давлатию ҷамъиятие, ки заминҳои фонди ҷангал ба онҳо вобаста карда шудааст, таъмин менамоянд.
Моддаи 94. Додани заминҳои фонди давлатии ҷангал барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ ва ғайрикишоварзӣ
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Заминҳои фонди давлатии ҷангал, ки барои эҳтиёҷоти хоҷагии ҷангал ва саноати он истифода намешаванд, тибқи тартиби муқарраргардидаи Кодекси мазкур ба истифодаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ ва ғайрикишоварзӣ дода мешаванд.
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Тартиби истифодаи заминҳои фонди давлатии ҷангалро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
БОБИ 16. ЗАМИНҲОИ ФОНДИ ДАВЛАТИИ ОБ
Моддаи 95. Заминҳои фонди давлатии об
Ба заминҳои фонди давлатии об заминҳои обанборҳо, пиряхҳо, тармаҳо, ботлоқу иншооти гидротехникӣ ва дигар иншооти хоҷагии об, инчунин заминҳое, ки барои соҳили обанборҳо, каналҳо ва заҳбурҳои асосӣ ва байнихоҷагӣ ҷудо шудаанд, мансубанд.
Моддаи 96. Таъинот ва истифодаи заминҳои фонди давлатии об
Заминҳои фонди давлатии об ба мақсади таъмини истифодаи оқилонаи тамоми заҳираҳои об ва инчунин барои мақсадҳои хоҷагии об, моҳидорӣ, ҷангал, дигар соҳаҳои хоҷагии халқ, нақлиёти обӣ, гузаронидани корҳои тадқиқотӣ ва мақсадҳои дигар истифода бурда мешаванд.
Дар заминҳои фонди давлатии об корҳои зайл анҷом дода мешаванд:
- сохтмони иншооте, ки эҳтиёҷоти аҳолӣ ва хоҷагии халқро бо оби нӯшокӣ ва ғайринӯшокӣ пурра таъмин менамоянд;
- бунёд ва азнавсозии иншооти гидротехникӣ барои обшор ва обёрӣ кардани заминҳои кишоварзӣ;
- сохтмони иншооти муҳофизати соҳилҳо, садду дарғотҳо ва дигар объектҳои пешгирикунанда ё барҳамдиҳандаи таъсири бади об (обхезӣ, обзеркунӣ, зери об мондан, ботлоқзору шӯршавӣ, бодлесии хок, пайдошавии ҷарҳо, ярч, сел ва ғайра);
- истифодаи қитъаҳои замини мавзеъҳои назди соҳилҳо барои кишоварзӣ, полизкорӣ ва заминҳои саҳмии хизматӣ.
Тартиби истифодаи заминҳои фонди давлатии обро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 97. Маҳдуд кардани истифодаи қитъаҳои замини назди соҳили обанборҳо
Дар доираи замини ҷудокардаи соҳили обанборҳо сохтани иншооте, ки ба истифодаи заминҳои фонди давлатии об мувофиқи таъиноташон монеъ мегардад, иҷозат дода намешавад.
Моддаи 98. Минтақаи муҳофизатии заминҳои фонди давлатии об
Барои таъмин намудани ҳолати зарурии тозагии обе, ки барои нӯшокӣ ва таъминоти маишӣ, инчунин барои эҳтиёҷоти табобатӣ, маданию солимгардонии аҳолӣ истифода бурда мешавад, минтақаҳои муҳофизатӣ муқаррар мегарданд.
Андозаи минтақаҳои муҳофизатиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
БОБИ 17. ЗАМИНҲОИ ЗАХИРАИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 99. Заминҳои захираи давлатӣ
Ҳамаи заминҳое, ки ба истифода дода нашудаанд, заминҳои захираи давлатӣ буда, захира барои истеҳсолоти кишоварзӣ, саноат, нақлиёт ва дигар эҳтиёҷоти хоҷагии халқ ба шумор мераванд. Ба ин намуди заминҳо инчунин заминҳое, ки ҳуқуқи истифодаи онҳо мувофиқи моддаи 37 ҳамин Кодекс қатъ гардидааст ва фонди махсуси ташкилшудаи замин дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Заминҳои захираи давлатии дар ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ буда ҷиҳати ба истифода ва иҷора додан бештар барои истеҳсолоти кишоварзӣ пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 100. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
БОБИ 18. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ 
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Моддаи 101. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Кодекси мазкур
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Шахсоне, ки талаботи Кодекси мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 102. Таъиноти маблағҳое, ки аз вайронкунандагони қонунгузории замин ситонида мешаванд
Маблағи ҷаримаи аз шахсони воқеию ҳуқуқӣ воридгардида бо таъиноти мақсаднок барои мақсадҳои зайл истифода мешавад:
а) обод кардани заминҳои нави дар соҳаи кишоварзӣ истифодашаванда, барқарор кардан ва баланд бардоштани ҳосилнокии хок;
б) барқарор кардани заминҳои харобгардида, рекултиватсияи заминҳои ифлосшудаю вайронгардида ва чорабиниҳои дигари беҳдошти замин;
в) ҳифзи замин ва дигар захираҳои табиӣ;
г) анҷом додани корҳои арзёбии замин ва инвентаризатсияи замин;
д) анҷом додани корҳои кадастрии замин;
е) анҷом додани корҳои заминсозӣ;
ж) таъминоти моддию техникии мақомоте, ки назорати давлатии истифодаю ҳифзи заминро иҷро менамоянд;
з) тартиб ва татбиқ намудани лоиҳаҳо, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ барои беҳдошти ҳолати замин (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 199).
Моддаи 103. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Моддаи 104. Баргардонидани қитъаҳои замини худсарона ишғолкардашуда
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Қитъаҳои замини худсарона ишғолкардашуда бе ҷуброни хароҷоте, ки дар муддати ғайриқонунӣ истифодабарӣ сарф шудааст, мувофиқи таъиноташон баргардонида мешаванд. Ба ҳолати барои истифодаи мувофиқ баргардонидани қитъаҳои замин, аз ҷумла барҳам додани сохтмон аз ҳисоби шахсоне, ки қитъаҳои заминро худсарона ишғол намудаанд, амалӣ карда мешаванд.
Қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) баргардонида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 105. Шартномаҳои байналмилалӣ
Агар дар шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои дигар пешбинӣ шуда бошанд, қоидаҳои шартномаҳои байналмилалӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
 
 

КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 16/01/2020 - 16:12
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
КОДЕКС
Рақам: 
341
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
05.01.2008
КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ МАДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №1, қ.1, мод.б, мод.7; с.2010, №1, мод.6; с.2012, №7, мод.721; с.2014, №7, қ.1, мод.388, №12; мод.821; с.2015, №11, мод.953; с.2016, №5, мод.360; с.2018, №1, мод.6; с.2019, №1, мод.6, №6, мод.314)
(Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 582, аз 03.07.2012 № 871, аз 26.07.2014 № 1091, аз 31.12.2014 № 1167, аз 23.11.2015 № 1232, аз 14.05.2016 № 1309, аз 2.01.2018 № 1474, аз 2.01.2019 № 1559, аз 20.06.2019 № 1612, аз 04.07.2020 № 1697, аз 23.12.2021 № 1817, аз 18.03.2022 № 1855, аз 18.03.2022 № 1856, аз 19.07.2022 № 1898, аз 24.12.2022 № 1930, аз 13.11.2023 № 1987, аз 03.01.2024 № 2022)
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
ФАСЛИ I МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии маданӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии маданӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон", ҳамин Кодекс, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. Муқаррароти мурофиаи судии маданӣ, ки дар дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мешаванд, бояд ба муқаррароти асосии ҳамин Кодекс мутобиқ бошанд (Қонуни ҶТ аз  2.01.2018 № 1474, аз 03.01.2024 № 2022).
2. Дар ҳолати ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накардани меъёрҳои қонунгузории мурофиавии судии маданӣ меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 2. Амали қонунгузории мурофиавии судии маданӣ дар замон
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Мурофиаи судии маданӣ тибқи қонунҳои мурофиавии мадание, ки ҳангоми баррасӣ ва ҳалли парвандаҳои маданӣ, содир намудани амали ҷудогонаи мурофиавӣ ё иҷрои санадҳои судӣ (фармон, ҳалнома, қарор, таъинот) ва санадҳои мақомоти дигар амал мекунанд, татбиқ мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Дар сурати мавҷуд набудани меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавӣ, ки муносибатҳои дар мурофиаи судӣ бавуҷудояндаро танзим менамоянд, суд меъёрҳоеро, ки муносибатҳои шабеҳро танзим менамоянд (қиёси қонун) ва ҳангоми мавҷуд набудани чунин меъёр дар асоси принсипҳои татбиқи адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қиёси ҳуқуқ) - ро татбиқ менамояд.
Моддаи 3. Вазифаҳои мурофиаи судии маданӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
Вазифаҳои мурофиаи судии маданӣ аз дуруст ва саривақт баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳои маданӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордоштаи шаҳрвандон (шахсони воқеӣ), шахсони ҳуқуқӣ, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони дигар, ки субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии маданӣ, меҳнатӣ, оилавӣ, манзил, замин, экологӣ ва дигар муносибатҳои ҳуқуқӣ мебошанд, иборат аст. Мурофиаи судии маданӣ ба таҳкими адолат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ташаккули муносибати эҳтиромона ба ҳуқуқ ва суд бояд мусоидат намояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 4. Ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ
1. Ҳар шахси манфиатдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии судии маданӣ барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордоштаи худ ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ дорад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Аризаи даъвогӣ (ариза), шикоят, эътироз, дархост, пешниҳод ва дигар ҳуҷҷатҳои замимашаванда метавонанд ба судҳо дар шакли хаттӣ ва (ё) электронӣ пешниҳод карда шаванд. Ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои электронии рақамии тасдиқшуда дар сомонаи судҳо ҷойгир карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
Моддаи 5. Оғоз намудани парвандаи маданӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Суд парвандаи маданиро дар асоси аризаи шахсе, ки барои ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии худ муроҷиат кардааст, оғоз менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Дар мавридҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, дигар қонунҳо парвандаи маданӣ мумкин аст дар асоси аризаи шахсе, ки аз номи худ барои ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии вайроншуда ва мавриди баҳс қарордоштаи шахсони дигар, барои ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои доираи номуайяни шахсон ё ин ки барои ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад мекунад, оғоз гардад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 6. Амалӣ намудани адолати судӣ
Адолати судӣ оид ба парвандаҳои маданӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии судии маданӣ танҳо аз ҷониби суд амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 7. Баробарии ҳама дар назди қонун ва суд
Адолати судӣ оид ба парвандаҳои маданӣ дар асоси баробарии ҳама дар назди қонун ва суд қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, инчунин ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, шакли моликият, маҳалли ҷойгиршавӣ, тобеият ва дигар ҳолатҳо амалӣ мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 8. Баррасии парвандаҳои маданӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Парвандаҳои маданӣ дар ҳамаи судҳои марҳилаи якум аз ҷониби судя танҳо баррасӣ мешаванд.
2. Дар ҳолате, ки агар ҳамин Кодекс ба судя ҳуқуқи танҳо баррасӣ намудани парвандаи маданӣ ё содир намудани амали ҷудогонаи мурофиавиро дода бошад, судя аз номи суд амал мекунад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
3. Парвандаҳои маданӣ дар марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ аз ҷониби суд тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва қонун ба таври дастҷамъӣ баррасӣ мегарданд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 9. Мустақилияти судяҳо
1. Ҳангоми амалӣ намудани адолати судӣ судяҳо мустақил буда, танҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун итоат мекунанд (Қонуни ҶТ аз  2.01.2018 № 1474).
2. Ҳангоми амалӣ намудани адолати судӣ ҳама гуна дахолат ба фаъолияти судяҳо манъ аст. Тибқи қонун ҳар гуна дахолат ба фаъолияти судяҳо боиси ҷавобгарӣ мегардад.
3. Кафолати мустақилияти судяҳоро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз  2.01.2018 № 1474).
Моддаи 10. Забони мурофиаи судии маданӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Мурофиаи судӣ оид ба парвандаҳои маданӣ ба забони давлатӣ ё забони аксарияти аҳолии маҳал сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Шахсони иштирокчии парванда, ки забони давлатиро намедонанд, ҳуқуқ доранд бо забони модариашон дар мурофиаи судӣ баёнот ва хулоса диҳанд, баромад ва пешниҳодҳо кунанд, инчунин аз хизмати тарҷумон истифода намоянд.
3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки далелҳои хаттӣ ва дигар далелҳоро пешниҳод менамоянд, вазифадоранд тарҷумаи онҳоро ба забони мурофиаи судии маданӣ ва бо тасдиқи дуруст буданашон тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намоянд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 11. Ошкоро будани муҳокимаи судӣ
1. Муҳокимаи парванда дар ҳамаи судҳо ба таври ошкоро сурат мегирад.
2. Муҳокима дар маҷлиси пӯшидаи судӣ оид ба парвандаҳои дорои маълумоти сирри давлатӣ, инчунин оид ба дигар парвандаҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, гузаронида мешавад. Муҳокима дар маҷлиси пӯшидаи судӣ, инчунин ҳангоми қонеъ намудани дархости шахсони иштирокчии парванда, ки ба зарурати нигоҳ доштани сирри тиҷоратӣ ё дигар сирре, ки қонун ҳифз менамояд, ишора мекунанд, ба дахлнопазирии ҳаёти шахсии шаҳрвандон ё дигар ҳолатҳое, ки ошкоро муҳокима намудани онҳо барои баррасии дурусти парванда халал мерасонанд ва ё боиси ифшои сирри зикршуда ё вайрон шудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон мегарданд, имконпазир аст.
3. Муросилот ва мухобироти шахсии шаҳрвандон метавонад дар маҷлиси кушодаи судӣ танҳо бо иҷозати шахсоне, ки байни онҳо чунин муросилот ва мухобироти шахсӣ сурат гирифтааст, эълон ва таҳқиқ карда шавад. Бе иҷозати ин шахсон муросилот ва мухобироти шахсии онҳо танҳо дар маҷлиси пӯшидаи судӣ эълон ва таҳқиқ карда мешавад. Қоидаҳои зикргардида инчунин ҳангоми таҳқиқи сабтҳои аудио ва видеоии дорои хусусияти шахсӣ татбиқ мегарданд.
4. Суд оид ба муҳокимаи парванда дар маҷлиси пӯшидаи судӣ таъиноти асоснок қабул менамояд.
5. Ҳангоми муҳокимаи парванда дар маҷлиси пӯшидаи судӣ шахсони иштирокчии парванда, намояндаҳои онҳо ва дар ҳолатҳои зарурӣ, инчунин шоҳидон, тарҷумонҳо, коршиносони судӣ, мутаххасисон иштирок мекунанд. Дар маҷлиси пӯшидаи судӣ истифодаи воситаҳои сабти аудио ва видео иҷозат дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
6. Парванда дар маҷлиси пӯшидаи судӣ бо риояи ҳамаи қоидаҳои мурофиаи судии маданӣ баррасӣ ва ҳал карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
7. Шахсони иштирокчии парванда, дигар шахсони иштирокчии мурофиа, намояндаи ташкилотҳо ва шаҳрвандони дар маҷлиси кушодаи судӣ ҳузурдошта ҳуқуқ доранд дар шакли хаттӣ ҷараёни муҳокимаи судиро сабт кунанд. Истифодаи воситаҳои аксбардорӣ, сабти аудио, видео, пахши ҷараёни маҷлиси судӣ тариқи радио, телевизион ва шабакаи интернет танҳо бо иҷозати суд роҳ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1856, аз 24.12.2022 № 1930).
8. Ҳалнома ошкоро эълон карда мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки эълони ошкорои ҳалнома ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ноболиғон, ҳаёти шахсии шаҳрвандонро халалдор мекунад.
Моддаи 12. Cанадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки суд ҳангоми ҳалли парвандаҳои маданӣ татбиқ менамояд
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Суд ӯҳдадор аст парвандаҳоро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ҳал намояд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ суд парвандаҳои маданиро тибқи талаботи анъанаҳои муомилоти корӣ ҳал мекунад (Қонуни ҶТ аз  2.01.2018 № 1474, аз 03.01.2024 № 2022).
2. Суд ҳангоми ҳалли парванда, агар муқаррар намояд, ки ин ё он санади меъёрии ҳуқуқӣ ба санади меъёрии ҳуқуқие, ки эътибори бештари ҳуқуқӣ дорад, мутобиқ намебошад, меъёрҳои он санадҳои ҳуқуқиеро татбиқ менамояд, ки дорои эътибори бештари ҳуқуқӣ мебошанд.
3. Дар сурати мавҷуд набудани меъёрҳои ҳуқуқие, ки муносибатҳои баҳснокро танзим менамоянд, суд меъёрҳои қонунеро, ки муносибатҳои шабеҳро (қиёси қонун) танзим менамоянд, татбиқ мекунад ва ҳангоми мавҷуд набудани чунин меъёрҳо парвандаро дар асоси принсипҳои умумӣ ва мӯҳтавои қонунгузорӣ (қиёси ҳуқуқ) ҳал менамояд.
Моддаи 13. Татбиқи адолати судӣ дар асоси мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо
1. Адолати судӣ оид ба парвандаҳои маданӣ дар асоси мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Суд мустақилият, беғаразӣ ва холисии худро нигоҳ дошта, роҳбарии мурофиаро анҷом медиҳад, ба шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшонро фаҳмонида, оид ба оқибатҳои содир кардан ё накардани амалҳои мурофиавӣ огоҳ месозад, ба онҳо дар татбиқи ҳуқуқҳояшон мусоидат намуда, барои таҳқиқи ҳамаҷониба ва пурраи далелҳо, муқаррар намудани (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 14. Санадҳои судӣ
1. Суд санадҳои судиро дар шакли фармон, ҳалнома, қарор ва таъинот қабул мекунад.
2. Санади судие, ки суди марҳилаи якум дар асоси ариза оид ба ситонидани маблағи пулӣ ё талаб карда гирифтани молу мулки манқул аз қарздор мутобиқи талаботи пешбининамудаи моддаи 124 ҳамин Кодекс қабул намудааст, фармон номида мешавад.
3. Санади судие, ки суди марҳилаи якум ҳангоми моҳиятан ҳал намудани парванда қабул намудааст, ҳалнома номида мешавад.
4. Санади судие, ки судҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ оид ба натиҷаҳои баррасии шикояту эътирозҳои кассатсионӣ ва назоратӣ қабул намудаанд, қарор номида мешавад.
5. Ҳамаи дигар санадҳои судие, ки дар ҷараёни мурофиаи судӣ қабул мегарданд, таъинот номида мешаванд.
6. Санадҳои судӣ дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд. Санадҳои судӣ, ба истиснои санадҳои судие, ки дорои маълумоти сирри давлатӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошанд ва (ё) парванда дар мурофиаи пӯшидаи судӣ баррасӣ гардида бошад, метавонанд дар шакли электронӣ тартиб дода шаванд, ки онҳо бо имзои электронии рақамии судя ё ҳайати суд тасдиқ карда мешаванд. Ҳангоми дар шакли электронӣ тартиб додани санади судӣ нусхаи он иловатан дар шакли коғазӣ чоп карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
Моддаи 15. Ҳатмӣ будани санадҳои судӣ
1. Санадҳои судие, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, бидуни истисно барои ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ буда, бояд дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бемамоният иҷро карда шаванд.
2. Иҷро накардани санади судӣ, ҳамчунин дигар зуҳуроти беэҳтиромӣ нисбат ба суд боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонун мегардад.
3. Ҳатмӣ будани санадҳои судӣ шахсони манфиатдореро, ки иштирокчии парванда намебошанд, аз имконияти муроҷиат ба суд маҳрум намесозад, агар санади қабулнамудаи суд ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо дахолат намояд.
4. Ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои судии судҳои давлатҳои хориҷӣ ва судҳои ҳакамии хориҷӣ (арбитражҳо) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, муайян мегардад.
БОБИ 2. ҲАЙАТИ СУД. РАД НАМУДАН
Моддаи 16. Ҳайати суд
1. Дар ҳамаи судҳои марҳилаи якум парвандаҳои маданӣ аз ҷониби судяҳо танҳо баррасӣ мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Ҳангоми танҳо баррасӣ намудани парванда судя аз номи суд амал мекунад.
3. Парвандаҳо дар коллегияҳои судии судҳои дахлдор тибқи тартиби кассатсионӣ ва назоратӣ дар ҳайати раисикунанда ва ду судя баррасӣ карда мешаванд.
4. Парвандаҳо дар раёсатҳои судҳои дахлдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва қонун баррасӣ карда мешаванд.
Моддаи 17. Тартиби ҳалли масъалаҳо аз ҷониби суд
1. Маҷлиси судиро раисикунанда (судя) роҳбарӣ менамояд.
2. Ҳамаи масъалаҳое, ки ҳангоми муҳокимаи парванда дар суди марҳилаи якум ба миён меоянд, аз ҷониби судя ҳал мегарданд.
3. Ҳангоми муҳокимаи парванда ба таври дастҷамъӣ ҳамаи масъалаҳо аз ҷониби судяҳо бо аксарияти овозҳо ҳал мегарданд ва зимнан ҳеҷ яке аз судяҳо ҳуқуқ надорад аз овоздиҳӣ худдорӣ намояд. Раисикунанда охирин шуда овоз медиҳад.
4. Судяе, ки ҳангоми муҳокимаи дастҷамъии парванда иштирок намуда, бо фикри аксарият розӣ намебошад, метавонад фикри махсуси худро дар шакли хаттӣ баён кунад, ки он ба парванда замима гардида, дар маҷлиси судӣ эълон карда намешавад.
Моддаи 18. Асосҳо барои рад намудани судя
1. Судя дар ҳолатҳои зайл наметавонад парвандаро баррасӣ намояд ва ӯ бояд рад карда шавад, агар:
- ҳангоми баррасии қаблии ҳамин парванда ба сифати прокурор, намоянда, шоҳид, коршиноси судӣ, мутахассис, тарҷумон, котиби маҷлиси судӣ иштирок карда бошад;
- хешованди яке аз шахсони иштирокчии парванда ё намояндаи онҳо бошад;
- шахсан, бевосита ё бавосита ба натиҷаи ҳалли парванда манфиатдор бошад ё дигар ҳолатҳое мавҷуд бошанд, ки беғаразӣ ва холисии ӯро зери шубҳа гузоранд.
2. Ба ҳайати суде, ки парвандаро баррасӣ менамояд, шахсоне, ки байни худ муносибатҳои хешовандӣ доранд, наметавонанд дохил шаванд.
Моддаи 19. Норавоии иштироки такрории судя дар баррасии парванда
1. Судяе, ки парвандаро дар суди марҳилаи якум баррасӣ намудааст, наметавонад ҳангоми баррасии ҳамин парванда дар судҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ ва ё дар баррасии нави парванда дар суди марҳилаи якум баъди бекор шудани ҳалнома ё таъинот, ки дар асоси он мурофиа қатъ карда шудааст, иштирок намояд.
2. Судяе, ки дар баррасии парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ иштирок намудааст, наметавонад ҳангоми баррасии ҳамин парванда дар судҳои марҳилаҳои якум ва назоратӣ иштирок намояд ва ё баъди бекор шудани қарори марҳилаи кассатсионӣ дар вақти баррасии нави парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ иштирок намояд.
3. Судяе, ки дар баррасии парванда дар суди марҳилаи назоратӣ иштирок намудааст, наметавонад ҳангоми баррасии ҳамин парванда дар судҳои марҳилаҳои якум ва кассатсионӣ иштирок намояд.
Моддаи 20. Асосҳои рад намудани прокурор, котиби маҷлиси судӣ, коршиноси судӣ, мутахассис, тарҷумон
1. Асосҳои рад намудан, ки дар моддаи 18 ҳамин Кодекс зикр гардидаанд, инчунин нисбат ба прокурор, котиби маҷлиси судӣ, коршиноси судӣ, мутахассис ва тарҷумон татбиқ мегарданд. Инчунин коршиноси судӣ ё мутахассис, агар таҳти тобеияти хизматӣ ё дигар навъи тобеияти ягон шахси иштирокчии парванда, намояндаи онҳо бошад ё қарор дошт, наметавонад ҳангоми баррасии парванда дар суд иштирок намояд.
2. Иштироки прокурор, котиби маҷлиси судӣ, коршиноси судӣ, мутахассис, тарҷумон ҳангоми баррасии қаблии ҳамин парванда мутаносибан ба сифати прокурор, котиби маҷлиси судӣ, коршиноси судӣ, мутахассис, тарҷумон барои рад намудани онҳо асос шуда наметавонад.
Моддаи 21. Ариза оид ба худрадкунӣ ва рад намудан
1. Ҳангоми мавҷудияти ҳолатҳои дар моддаҳои 18-20 ҳамин Кодекс зикргардида судя, прокурор, котиби маҷлиси судӣ, коршиноси судӣ, мутахассис, тарҷумон ӯҳдадоранд оид ба худрадкунӣ ариза пешниҳод намоянд. Бо ҳамин асосҳо низ шахсоне, ки иштирокчии парванда мебошанд, метавонанд оид ба рад намудан ариза пешниҳод намоянд.
2. Худрадкунӣ ё рад намудан бояд асоснок бошад ва то оғози моҳиятан баррасӣ намудани парванда пешниҳод шавад. Пешниҳоди худрадкунӣ ё рад намудан баъди оғози моҳиятан баррасӣ намудани парванда танҳо ҳангоме имконпазир аст, агар он асосҳо ба шахсе, ки худрадкунӣ ё рад намуданро пешниҳод кардааст ё ба суд баъди оғози моҳиятан баррасӣ намудани парванда маълум шуда бошад.
3. Тартиби ҳалли ариза оид ба худрадкунӣ, рад намудан ва оқибати қонеъ гардонидани он тибқи тартиби пешбининамудаи моддаҳои 22 ва 23 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
Моддаи 22. Тартиби ҳалли ариза оид ба рад намудан
1. Дар сурати пешниҳоди ариза оид ба рад намудан ҳангоми баррасии парвандаи маданӣ дар суди марҳилаи якум, судя ва ҳангоми баррасии кассатсионӣ бошад, суд бояд фикри шахсони иштирокчии парванда, инчунин шахсеро, ки нисбат ба ӯ ариза оид ба рад намудан пешниҳод шудааст, шунавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Ҳангоми аз ҷониби судя баррасӣ намудани парванда дар суди марҳилаи якум масъалаи рад кардани судяро худи судяе, ки парвандаро баррасӣ менамояд, ҳал мекунад.
3. Ҳангоми баррасии парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ масъалаи рад намудани судя аз ҷониби дигар судяҳо дар ғоибии судяи радшаванда ҳал карда мешавад. Ҳангоми баробарии овозҳои судяҳое, ки барои рад намудан ё зидди рад намудан овоз додаанд, судя радшуда ба ҳисоб меравад. Аризае, ки оид ба рад намудани якчанд судя ё нисбат ба ҳамаи ҳайати суд пешниҳод шудааст, аз ҷониби ҳамин суд дар ҳайати пурра бо аксарияти овозҳо ҳал карда мешавад.
4. Масъалаи рад намудани прокурор, котиби маҷлиси судӣ, коршиноси судӣ, мутахассис ва тарҷумон аз ҷониби суде, ки парвандаро баррасӣ менамояд, ҳал карда мешавад.
5. Барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба рад намудан судя дар хонаи алоҳида ва суд дар хонаи машваратӣ таъинот қабул мекунанд.
6. Ҳангоми аз ҷониби судя ё суд қонеъ нагардондани ариза оид ба рад намудан мурофиаи судӣ тибқи тартиби умумӣ давом дода мешавад.
Моддаи 23. Оқибатҳои қонеъ гардонидани ариза оид ба рад намудан
1. Дар сурати рад намудани судя ҳангоми баррасии парванда дар судҳои шаҳр, ноҳия, суди ҳарбии гарнизон парванда дар ҳамин суд, аммо аз ҷониби судяи дигар баррасӣ мегардад ё ба дигар суди шаҳр, ноҳия ё суди ҳарбии гарнизон бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс фиристода мешавад, агар дар суди шаҳр, ноҳия, суди ҳарбии гарнизон, ки парванда баррасӣ мегардад, иваз намудани судя имконнопазир бошад.
2. Дар сурати рад намудани судя ё ҳамаи ҳайати суд ҳангоми баррасии парванда дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди вилоят, суди шаҳри Душанбе парванда дар ҳамин суд, аммо аз ҷониби судяи дигар ё дар ҳайати дигари суд баррасӣ мегардад.
3. Парванда бояд ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад, агар дар суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди вилоят, суди шаҳри Душанбе баъди қонеъгардонии ариза оид ба рад намудан ё бо сабабҳои дар моддаи 19 ҳамин Кодекс зикргардида таъсиси ҳайати нави суд ҷиҳати баррасии ҳамин парванда имконнопазир бошад.
БОБИ 3. ТОБЕИЯТИ ИДОРАВӢ ВА ТОБЕИЯТИ СУДӢ
Моддаи 24. Тобеияти идоравии парвандаҳои маданӣ ба судҳо
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Судҳо парвандаҳои зеринро баррасӣ ва ҳал менамоянд:
- парвандаҳо оид ба даъвои шаҳрвандон, ташкилот, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар хусуси ҳифзи ҳуқуқи вайроншуда ё мавриди баҳс қарордошта, озодӣ ва манфиатҳои қонунӣ, оид ба баҳсҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи маданӣ, меҳнатӣ, оилавӣ, экологӣ, манзил, замин ва дигар муносибатҳо бармеоянд;
- парвандаҳо оид ба талаботе, ки дар моддаи 124 ҳамин Кодекс номбар шудаанд, тибқи тартиби мурофиаи фармонӣ ҳал карда мешаванд;
- парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд ва дар моддаи 249 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд;
- парвандаҳои мурофиаи махсус, ки дар моддаи 267 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд;
- парвандаҳо оид ба эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ ва ҳалномаҳои судҳои ҳакамии давлатҳои хориҷӣ (арбитражҳо);
- парвандаҳо дар хусуси додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаҳои судҳои ҳакамӣ.
2. Судяҳо парвандаҳоро бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, ташкилотҳои хориҷӣ, ташкилотҳо бо инвеститсияҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ баррасӣ ва ҳал менамоянд.
3. Судяҳо парвандаҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин моддаро, ба истиснои баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳое, ки тибқи қонун таҳти тобеияти судҳои иқтисодӣ қарор доранд, баррасӣ ва ҳал менамоянд.
4. Ҳангоми муроҷиат ба суд бо аризаи дорои якчанд талаботи ба ҳам алоқаманд, ки баъзеи онҳо таҳти тобеияти суди юрисдиксияи умумӣ ва баъзеи онҳо таҳти тобеияти суди иқтисодӣ қарор доранд, агар тақсими талабот имконнопазир бошад, парванда бояд дар суди юрисдиксияи умумӣ баррасӣ ва ҳал карда шавад. Дар сурати имконпазирии тақсим кардани талабот судя оид ба қабули талаботи таҳти тобеияти суди юрисдиксияи умумӣ ва оид ба рад намудани қабули талаботи таҳти тобеияти суди иқтисодӣ қарордошта таъинот кабул мекунад.
Моддаи 25. Супоридани баҳс ба суди ҳакамӣ
Тибқи созиши тарафҳо баҳси таҳти тобеияти идоравии судӣ қарордоштаро, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи маданӣ ба миён меоянд, то қабули ҳалномаи суди марҳилаи якум, ки бо он моҳиятан баррасии парвандаи маданӣ хотима меёбад, тарафҳо метавонанд барои баррасӣ ба суди ҳакамӣ пешниҳод намоянд, агар қонун тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 26. Парвандаҳои маданӣ, ки таҳти тобеияти судии судҳои шаҳр ва ноҳия қарор доранд
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
Парвандаҳои мадание, ки таҳти тобеияти судии судҳо қарор доранд, ба истиснои парвандаҳои пешбининамудаи моддаҳои 27, 28 ва 29 ҳамин Кодекс, аз ҷониби судҳои шаҳр, ноҳия ба сифати суди марҳилаи якум баррасӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 27. Парвандаҳои маданӣ, ки таҳти тобеияти судии судҳои ҳарбӣ қарор доранд
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун парвандаҳои маданӣ аз ҷониби судҳои ҳарбӣ баррасӣ мегарданд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 28. Парвандаҳои маданӣ, ки таҳти тобеияти судии суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди вилоят ва суди шаҳри Душанбе қарор доранд
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди вилоят ва суди шаҳри Душанбе ба сифати суди марҳилаи якум парвандаҳоеро баррасӣ менамоянд, ки мутобиқи қонун таҳти тобеъияти судии онҳо қарор доранд.
2. Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо ва суди шаҳри Душанбе дар сурати ду маротиба бекор карда шудани ҳалномаҳои судии судҳои шаҳру ноҳияҳо вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро ба истеҳсолоти худ қабул намуда, ба сифати суди марҳилаи якум баррасӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
Моддаи 29. Парвандаҳои мадание, ки таҳти тобеияти судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати суди марҳилаи якум парвандаҳоеро баррасӣ менамояд, ки мутобиқи қонун таҳти тобеияти судии он қарор доранд.
2. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати ду маротиба бекор карда шудани ҳалномаҳо ва қарорҳои судӣ вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро ба истеҳсолоти худ қабул намуда, ба сифати суди марҳилаи якум баррасӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
Моддаи 30. Пешниҳоди даъво вобаста ба маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии ҷавобгар
Даъво ба суди маҳалли истиқомати ҷавобгар пешниҳод карда мешавад. Даъво нисбат ба шахси ҳуқуқӣ ба суди маҳалли ҷойгиршавии он пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 31. Тобеияти судӣ мутобиқи интихоби даъвогар
1. Даъво нисбат ба ҷавобгаре, ки маҳалли истиқоматаш номаълум аст ё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли истиқомат надорад, мумкин аст инчунин ба суди маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ӯ ё маҳалли охирини истиқомати ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маълум мебошад, пешниҳод карда шавад.
2. Даъво нисбат ба шахси ҳуқуқӣ метавонад, инчунин ба маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ӯ пешниҳод шавад. Даъво нисбат ба шахси ҳуқуқӣ, ки аз фаъолияти филиал ё намояндагии он бармеояд, метавонад ҳамчунин ба суди маҳалли ҷойгиршавии филиал ё намояндагӣ пешниҳод шавад.
3. Даъво оид ба ситонидани алимент ва дар хусуси муқаррар намудани падарӣ мумкин аст аз ҷониби даъвогар инчунин ба суди маҳалли истиқомати даъвогар пешниҳод шавад.
4. Даъво оид ба бекор кардани ақди никоҳ бо шахсоне, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи бемории руҳӣ ғайри қобили амал эътироф гардидаанд, инчунин бо шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноят ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати зиёда аз се сол маҳкум шудаанд, метавонад ба маҳалли истиқомати даъвогар пешниҳод шавад. Даъво оид ба бекор кардани ақди никоҳ метавонад ба суди маҳалли истиқомати даъвогар инчунин дар ҳолатҳое пешниҳод шавад, ки агар ҳамроҳи ӯ фарзандони ноболиғ зиндагӣ кунанд ё ҳангоме, ки мутобиқи вазъи саломатӣ сафари даъвогар ба маҳалли истиқомати ҷавобгар барояш мушкил бошад.
5. Даъво дар хусуси ҷуброни зарари дар натиҷаи осеб ё зиёни дигари ба саломатӣ расонидашуда, инчунин вобаста ба фавти саробон метавонад аз ҷониби даъвогар ба суди маҳалли истиқомати худ ё маҳалле, ки дар он зарар расонида шудааст низ пешниҳод шавад.
6. Даъво дар хусуси барқарор намудани ҳуқуқҳои меҳнатӣ, нафақа, манзил, баргардондани молу мулк ё арзиши он, вобаста ба ҷуброни зараре, ки ба шаҳрванд дар натиҷаи ғайриқонунӣ маҳкум намудан, ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, ғайриқонунӣ баҳабсгирӣ ба сифати чораи пешгирӣ, забонхат оиди аз ҷои истиқомат набаромадан, ғайриқонунӣ татбиқ намудани ҷазои маъмурӣ дар шакли ҳабс ё корҳои ислоҳӣ расонида шудааст, мумкин аст ҳамчунин ба суди маҳалли истиқомати даъвогар пешниҳод шавад.
7. Даъво оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мумкин аст ҳамчунин ба суди маҳалли истиқомати даъвогар ё маҳалли бастани шартнома ё иҷро намудани он пешниҳод шавад.
8. Даъвое, ки аз шартнома бармеояд ва дар он маҳалли иҷро зикр шудааст, мумкин аст ҳамчунин ба суди маҳалли иҷрои шартнома пешниҳод шавад.
9. Даъво оид ба ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи бархӯрди киштиҳо, ситонидани подош барои кӯмак ва наҷот додан дар баҳр пешниҳод шудааст, мумкин аст ба суди маҳалли ҷойгиршавии киштии шахси ҷавобгар ё маҳалли бақайдгирии киштӣ пешниҳод шавад.
10. Интихоби суд аз байни якчанд судҳо, ки мутобиқи ҳамин модда парванда таҳти тобеияти судии онҳо қарор дорад, ба истиснои тобеияти судии муқаррарнамудаи моддаи 32 ҳамин Кодекс, ба даъвогар марбут мебошад. Баъди қабул гардидани даъво аз ҷониби суд даъвогар ҳуқуқи аз якчанд суд интихоб намудани як судро аз даст медиҳад.
Моддаи 32. Тобеияти истисноии судӣ
1. Даъво дар хусуси ҳуқуқ ба қитъаҳои замин, қитъаҳои қаъри замин, иншооти махсуси обӣ, ҷангалзор, ниҳолзори бисёрсола, бино, иншоот, дигар объектҳо, ки устувор бо замин пайванданд, инчунин озодкунии молу мулк аз ҳабс ба суди маҳалли ҷойгиршавии ин иншоот ё молу мулки ба ҳабс гирифташуда пешниҳод мегардад.
2. Даъвои қарздиҳандагони меросгузор, ки то қабули мерос аз ҷониби меросгирон пешниҳод шудаааст, таҳти тобеияти судии суди маҳалли кушодашавии молу мулки меросӣ ё қисми он қарор дорад.
3. Даъво нисбат ба боркашонҳо, ки аз шартномаи интиқоли бор бармеояд, ба суди маҳалли ҷойгиршавии боркашон, ки тибқи тартиби муқарраргардида нисбат ба он иддао оварда шудааст, пешниҳод мешавад.
Моддаи 33. Тобеияти судии якчанд парвандаҳои ба ҳам алоқаманд
1. Даъво нисбат ба якчанд ҷавобгар, ки дар маҳалҳои мухталиф истиқомат мекунанд ё ҷойгир шудаанд, тибқи интихоби даъвогар ба суди маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии яке аз ҷавобгарон пешниҳод карда мешавад.
2. Даъвои муқобили даъво, сарфи назар аз тобеияти судии он, ба суди маҳалли баррасии даъвои қаблӣ пешниҳод карда мешавад.
3. Даъвои маданӣ, ки аз парвандаи ҷиноятӣ бармеояд, агар он ҳангоми баррасии парвандаи ҷиноятӣ пешниҳод ё ҳал нашуда бошад, барои баррасӣ тибқи тартиби мурофиаи судии маданӣ, мутобиқи қоидаҳои тобеияти судии муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 34. Созишнома оид ба тобеияти судӣ
1. Тарафҳо метавонанд то пешниҳоди даъво ба суд тибқи созишномаи хаттии байни ҳамдигар тобеияти судии ҳудудиро барои ҳамин парванда тағйир диҳанд.
2. Тобеияти судии муқаррарнамудаи моддаҳои 27, 28, 29 ва 32 ҳамин Кодекс наметавонад мутобиқи созишномаи тарафҳо тағйир дода шавад.
Моддаи 35. Ба суди дигар супоридани парвандае, ки суд ба баррасии худ қабул намудааст
1. Парвандае, ки суд бо риояи қоидаҳои тобеияти судӣ барои баррасӣ қабул кардааст, бояд аз ҷониби ҳамин суд моҳиятан ҳал карда шавад, ҳарчанд минбаъд он мумкин аст таҳти тобеияти судии суди дигар қарор гирад.
2. Суд дар ҳолатҳои зайл парвандаро барои баррасӣ ба суди дигар месупорад, агар:
- ҷавобгаре, ки маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии он қаблан маълум набошад, дар хусуси супоридани парванда ба суди маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии он дархост пешниҳод кунад;
- ҳар ду тараф ҷиҳати баррасии парванда дар маҳалли мавҷудияти аксарияти далелҳо дархост пешниҳод карда бошанд;
- мутобиқи дархости ҷавобгар, агар ҳангоми баррасии парванда дар ҳамин суд ошкор гардад, ки он барои баррасии суд бо вайрон кардани қоидаҳои тобеияти судӣ қабул карда шудааст;
- баъди рад намудани як ё якчанд судяҳо ё бо сабабҳои дигар иваз намудани судяҳо ё баррасии парванда дар ҳамин суд имконнопазир гардад, супоридани парванда дар ин ҳолат ба дигар суд аз ҷониби суди болоӣ анҷом дода мешавад.
3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархати сеюми қисми 2 ҳамин модда парвандаи маданӣ ба суди дигар супорида намешавад, агар ҷавобгар аз лаҳзаи расман ба суд даъват шуданаш масъалаи тобеияти судии ҳамин парвандаи маданиро мавриди баҳс қарор надиҳад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
4. Оид ба масъалаҳои супоридани парванда ба суди дигар ё дар хусуси рад намудани супоридани парванда ба суди дигар таъинот қабул карда мешавад, ки нисбат ба он шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд. Супоридани парванда аз як суд ба суди дигар баъди гузаштани мӯҳлати пешниҳоди шикояти хусусии ин таъинот ва ҳангоми пешниҳоди шикоят бошад, баъди қабул намудани таъинот дар хусуси қонеъ нагардонидани шикояти хусусӣ анҷом дода мешавад.
5. Парвандае, ки аз як суд ба суди дигар ирсол гардидааст, бояд аз ҷониби суде, ки ба он ирсол шудааст, баррасӣ карда шавад. Ба баҳс оид ба тобеияти судӣ байни судҳои юрисдиксияи умумӣ роҳ дода намешавад.
БОБИ 4. ШАХСОНЕ, КИ ДАР ПАРВАНДА ИШТИРОК МЕКУНАНД
Моддаи 36. Ҳайати шахсони иштирокчии парванда
Шахсони иштирокчии парванда: тарафҳо, шахсони сеюм, прокурор, шахсоне, ки ба суд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии дигар шахсон муроҷиат намудаанд ё дар мурофиа бо мақсади додани хулоса тибқи асосҳои пешбининамудаи моддаҳои 4, 47, 48 ва 49 ҳамин Кодекс баромад мекунанд, аризадиҳандагон ва шахсони манфиатдор оид ба парвандаҳои мурофиаи махсус мебошанд.
Моддаи 37. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони иштирокчии парванда
1. Шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ доранд:
- аз ёрии ҳуқуқии аз тарафи давлат кафолатдодашуда дар асос ва бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ" истифода баранд (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1697) ;
- бо маводи парванда шинос шаванд, аз он иқтибос ё нусха гиранд;
- оид ба рад намудан ариза пешниҳод кунанд, далелҳо оваранд ва дар таҳқиқи онҳо иштирок намоянд;
- ба дигар шахсони иштирокчии парванда, шоҳидон, коршиносони судӣ ва мутахассисон саволҳо диҳанд;
- дар бораи талаб карда гирифтани далелҳо ба суд дархост пешниҳод намоянд;
- ба суд баёноти шифоҳӣ ва хаттӣ диҳанд, оид ба ҳамаи масъалаҳое, ки дар ҷараёни муҳокимаи судӣ ба миён меоянд, ваҷҳҳои худро пешниҳод кунанд, муқобили дархост ва ваҷҳҳои дигар шахсони иштирокчии парванда норозигӣ баён намоянд;
- ба суд ҳуҷҷатҳоро дар шакли электронӣ, аз ҷумла ҳуҷҷатҳоеро, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои электронии рақамӣ тасдиқ карда шудаанд, бо ҷойгир намудани онҳо дар сомонаи суд пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930);
- нисбат ба санадҳои судӣ шикоят пешниҳод намоянд ва аз дигар ҳуқуқҳои мурофиавии пешбининамудаи қонунгузорӣ оид ба мурофиаи судии маданӣ ва аз ҳамаи ҳуқуқҳои мурофиавие, ки барояшон пешбинӣ шудааст, бовиҷдонона истифода намоянд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Шахсони иштирокчии парванда ҳамаи ӯҳдадориҳои мурофиавии муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳоро ба зимма доранд, ки ҳангоми иҷро накардани онҳо оқибатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ дар бораи мурофиаи судии маданӣ фаро мерасад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 38. Қобилияти ҳуқуқдории мурофиавии маданӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
Қобилияти ҳуқуқдории мурофиавии маданӣ ва ба зимма гирифтани ӯҳдадориҳои мурофиавии тараф (қобилияти ҳуқуқдории мурофиавии маданӣ) нисбат ба ҳамаи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи судии ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунӣ ҳуқуқ доранд, дар асоси баробар эътироф мегардад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 39. Қобилияти амали мурофиавии маданӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Қобилияти бо амали худ анҷом додани ҳуқуқи мурофиавӣ, иҷрои ӯҳдадориҳои мурофиавӣ ва супоридани пешбурди парванда ба намоянда (қобилияти амали мурофиавии маданӣ) дар ҳаҷми пурра ба шаҳрвандоне, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидаанд ва ба шахсони ҳуқуқӣ марбут мебошад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Ноболиғ метавонад аз лаҳзаи бастани ақди никоҳ ё дорои қобилияти пурраи амал эътироф гардидани ӯ (эмансипатсия) ҳуқуқи мурофиавии худро шахсан анҷом диҳад ва ӯҳдадориҳои мурофиавиро иҷро кунад.
3. Ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи ноболиғони синни аз чордаҳ то ҳаждаҳсоларо дар мурофиа намояндагони қонунии онҳо ҳимоя мекунанд, аммо суд ӯҳдадор аст ҷиҳати иштирок дар чунин парвандаҳо худи ноболиғонро ҷалб намояд.
4. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун нисбат ба парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи маданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, омма бармеоянд, ноболиғони синни аз чордаҳ то ҳаждаҳсола дар суд шахсан ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи худро ҳимоя мекунанд. Суд ҳуқуқ дорад ҷиҳати иштирок дар баррасии чунин парвандаҳо намояндагони қонунии ноболиғонро ҷалб намояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
5. Ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи ноболиғон, инчунин шаҳрвандоне, ки ғайри қобили амал эътироф шудаанд, дар мурофиа аз ҷониби намояндагони қонунии онҳо, падару модар, ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда), васиён, парасторон ё дигар шахсоне, ки қонун ба онҳо чунин ҳуқуқро додааст, ҳимоя карда мешавад.
Моддаи 40. Тарафҳо
1. Дар мурофиаи маданӣ тарафҳо (даъвогар ё ҷавобгар) метавонанд субъектҳои эҳтимолӣ ё воқеии муносибатҳои баҳсноки ҳуқуқии моддӣ бошанд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Шахсе, ки ба манфиати ӯ парванда дар асоси аризаи шахсоне оғоз гардидааст, ки тибқи қонун барои муроҷиат ба суд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии дигар шахсон ҳуқуқ доранд, аз ҷониби суд дар хусуси мурофиа огоҳонида шуда, дар мурофиа ба сифати даъвогар иштирок мекунад.
3. Тарафҳо аз ҳуқуқи баробари мурофиавӣ истифода бурда, дорои ӯҳдадориҳои баробари мурофиавӣ мебошанд.
Моддаи 41. Иштироки якчанд даъвогар ё ҷавобгар
1. Даъво метавонад муштарак аз ҷониби якчанд даъвогар ё нисбат ба якчанд ҷавобгар пешниҳод карда шавад (шарикии мурофиавӣ).
2. Шарикии мурофиавӣ иҷозат дода мешавад, агар:
- мавзӯи баҳс ҳуқуқ ё ӯҳдадориҳои умумии якчанд даъвогар ё ҷавобгар бошад;
- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои якчанд даъвогар ё ҷавобгар як асос дошта бошанд;
- мавзӯи баҳс ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шабеҳ бошад.
3. Ҳар яке аз даъвогарон ё ҷавобгарон нисбат ба тарафи дигар дар мурофиаи судӣ мустақилона баромад мекунанд. Шарикон метавонанд пешбурди парвандаро ба як ё якчанд шарикон супоранд.
Моддаи 42. Иваз намудани ҷавобгари номуносиб
1. Агар суд ҳангоми омодасозии парванда ё ҳангоми муҳокимаи он дар суди марҳилаи якум муқаррар намояд, ки даъво ба шахсе пешниҳод шудааст, ки набояд мутобиқи даъво ҷавобгар бошад, метавонад бо мувофиқаи даъвогар, агар ҳамзамон тобеияти судии ҳамин парванда тағйир наёбад, ҷавобгари номуносибро ба ҷавобгари муносиб иваз намояд. Баъди иваз намудани ҷавобгари номуносиб омодасозӣ ва баррасии парванда аз нав оғоз мегардад, агар дар ин бора ҷавобгари муносиб дархост пешниҳод намояд.
2. Агар даъвогар барои ба шахси дигар иваз намудани ҷавобгари номуносиб розӣ набошад, суд парвандаро тибқи даъвои пешниҳодшуда баррасӣ менамояд.
Моддаи 43. Тағйир додани даъво, даст кашидан аз даъво, эътироф намудани даъво, созиши оштӣ
1. Тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс даъвогар ҳуқуқ дорад асос ё мавзӯи даъворо тағйир диҳад, андозаи талаботи даъворо зиёд ё кам намояд ё аз даъво даст кашад, ҷавобгар ҳуқуқ дорад даъворо эътироф кунад, тарафҳо метавонанд парвандаро бо созиши оштӣ ҳал намоянд.
2. Суд даст кашидани даъвогарро аз даъво, эътироф намудани даъворо қабул намекунад, созиши оштии тарафҳоро тасдиқ намекунад, агар он хилофи қонун бошад ё ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии дигар шахсонро халалдор созад.
3. Ҳангоми тағйирёбии асос ё мавзӯи даъво, зиёд ё кам шудани андозаи талаботи даъво ҷараёни мӯҳлати баррасии парванда, ки ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, аз рӯзи иҷрои амали дахлдори мурофиавӣ оғоз мегардад.
Моддаи 44. Шахсони сеюме, ки нисбат ба мавзӯи баҳс талаботи мустақилона пешниҳод мекунанд
1. Шахсони сеюме, ки нисбат ба мавзӯи баҳс талаботи мустақилона пешниҳод намудаанд, метавонанд ба мурофиа то қабул намудани санади судӣ аз рӯи парванда аз ҷониби суди марҳилаи якум ҳамроҳ шаванд.
2. Судя ҷиҳати эътироф ё рад намудан ба сифати шахсони сеюме, ки нисбат ба мавзӯи баҳс талаботи мустақилона пешниҳод мекунанд, таъинот қабул мекунад. Нисбат ба ин таъиноти суд шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
3. Шахсони сеюме, ки нисбат ба мавзӯи баҳс талаботи мустақилона пешниҳод намудаанд, аз тамоми ҳуқуқи даъвогар истифода мебаранд ва ӯҳдадориҳои даъвогарро ба зимма доранд.
Моддаи 45. Шахсони сеюме, ки нисбат ба мавзӯи баҳс талаботи мустақилона пешниҳод накардаанд
1. Шахсони сеюме, ки нисбат ба мавзӯи баҳс талаботи мустақилона пешниҳод накардаанд, метавонанд дар мурофиа ба ҷонибдории даъвогар ё ҷавобгар то қабул намудани санади судӣ аз рӯи парванда аз ҷониби суди марҳилаи якум ҳамроҳ шаванд, агар ҳалнома ба ҳуқуқ ё ӯҳдадориҳои онҳо ё яке аз тарафҳо таъсир расонад.
2. Шахсони сеюме, ки нисбат ба мавзӯи баҳс талаботи мустақилона пешниҳод накардаанд, мутобиқи моддаи 134 ҳамин Кодекс ба суд аризаи хаттӣ пешниҳод мекунанд. Ба аризаи шахсони сеюме, ки нисбат ба мавзӯи баҳс талаботи мустақилона пешниҳод накардаанд, мутаносибан ба теъдоди шахсони иштирокчии парванда нусхаи онҳо замима мегардад.
3. Шахсони сеюме, ки ба мавзӯи баҳс талаботи мустақилона пешниҳод накардаанд, метавонанд ҷиҳати иштирок дар мурофиа, инчунин тибқи аризаи хаттии шахсони иштирокчии парванда ҷалб карда шаванд, ки дар он бояд асосҳои ҷалби шахси сеюм зикр гарданд. Нусхаи ариза ба шахси сеюм, инчунин дигар шахсони иштирокчии парванда супорида мешавад.
4. Шахсони сеюме, ки талаботи мустақилона пешниҳод накардаанд, аз ҳуқуқҳои мурофиавӣ истифода мебаранд ва дорои ӯҳдадории мурофиавии тарафҳо мебошанд, ба истиснои ҳуқуқ барои тағйир додани асос ва мавзӯи даъво, зиёд ё кам кардани андозаи талаботи даъво, даст кашидан аз даъво, эътирофи даъво, бастани созиши оштӣ, инчунин пешниҳоди даъвои муқобили даъво ва талаботи иҷрои маҷбурии санади судӣ.
Моддаи 46. Ворисии ҳуқуқии мурофиавӣ
1. Ҳангоми хориҷ шудани яке аз тарафҳо аз муносибатҳои баҳснок ё муносибатҳои ҳуқуқии бо ҳалнома муқарраршуда (фавти шаҳрванд, азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ, гузашт кардани талабот, гузаронидани қарз ва дигар ҳолатҳои ивазшавии шахсон вобаста ба ӯҳдадорӣ), суд метавонад иваз намудани ҳамин тарафро бо вориси ҳуқуқии он иҷозат диҳад. Ворисии ҳуқуқӣ дар ҳамаи марҳилаҳои мурофиа имконпазир мебошад. Дар хусуси иваз намудан ё рад намудани ивази тараф бо вориси ҳуқуқӣ суд таъинот қабул мекунад.
2. Ҳамаи амалиёте, ки то ворид шудани вориси ҳуқуқӣ ба мурофиа анҷом дода шудааст, барои ӯ ба ҳамон дараҷае ҳатмӣ мебошад, ки метавонист барои шахси ивазнамудаи вориси ҳуқуқӣ ҳатмӣ бошад.
3. Нисбат ба таъинот дар хусуси иваз намудан ё рад намудани ивази тараф бо вориси ҳуқуқӣ шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
Моддаи 47. Иштироки прокурор дар мурофиа
1. Прокурор ҳуқуқ дорад ба суд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, гурӯҳи номуайяни шахсон, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои давлатӣ ё ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат кунад. Аризаро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон прокурор метавонад танҳо дар ҳолате пешниҳод намояд, ки агар шаҳрванд вобаста ба вазъи саломатӣ, синну сол, ғайри қобили амал будан ва дигар сабабҳои узрнок натавонад худаш ба суд муроҷиат кунад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1898).
2. Прокуроре, ки ариза пешниҳод намудааст, аз тамоми ҳуқуқҳои мурофиавии даъвогар истифода бурда, ҳамаи ӯҳдадориҳои мурофиавии даъвогарро ба зимма дорад, ба истиснои ҳуқуқ барои бастани созиши оштӣ ва ӯҳдадориҳои пардохти хароҷоти судӣ. Дар сурати даст кашидани прокурор аз ариза, ки барои ҳифзи манфиатҳои қонунии дигар шахс пешниҳод шудааст, моҳиятан баррасӣ намудани парванда давом дода мешавад, агар ин шахс дар бораи даст кашидан аз даъво ариза пешниҳод накарда бошад. Дар ҳолати даст кашидани даъвогар аз даъво суд баррасии парвандаро қатъ менамояд.
3. Прокурор дар баррасии парвандаҳо вобаста ба манзил, замин, эътирофи ҳуқуқи моликият, барқарор намудан ба ҷои кори пештара, ҷуброни зарари ба ҳаёт ва саломатӣ расонидашуда, муқаррар намудани ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқидошта, аз ҳабс озод намудани молу мулк, инчунин дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо ҳатман иштирок менамояд ва хулоса медиҳад. Ҳозир нашудани прокурор ба маҷлиси судӣ, ки аз вақту маҳалли баррасии парванда огоҳ карда шудааст, ба муҳокимаи парванда монеа шуда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1898).
4. Прокурор, муовини якум ва муовинони ӯ ҳуқуқ доранд, ки дар доираи ваколаташон парванда ё гурӯҳи парвандаҳоро, ки бо онҳо санадҳои судӣ эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, бо мақсади таҳлил ва ҷамъбасти фаъолият дар самти таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз суд талаб карда гиранд. Дар сурати муайян намудани он, ки фармон, ҳалнома, таъинот ё қарори суд ғайриқонунӣ ё беасос аст, прокурор тадбирҳои дахлдорро бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1898).
Моддаи 48. Муроҷиат ба суд барои ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсони дигар
1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шаҳрвандон ё шахсони ҳуқуқӣ метавонанд барои ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи дигар шаҳрвандон мутобиқи хоҳиши онҳо ё гурӯҳи номуайяни шахсон бо даъво ба суд муроҷиат кунанд. Даъво барои ҳифзи манфиатҳои шаҳрванди ғайри қобили амал мумкин аст сарфи назар аз хоҳиши шахси манфиатдор ё намояндаи қонунии ӯ пешниҳод карда шавад.
2. Шахсоне, ки барои ҳифзи манфиатҳои дигар шахсон ба суд даъво пешниҳод кардаанд, аз тамоми ҳуқуқҳои мурофиавии даъвогар истифода мебаранд ва ҳамаи ӯҳдадориҳои мурофиавии даъвогарро иҷро мекунанд, ба истиснои ҳуқуқ барои бастани созиши оштӣ ва ӯҳдадориҳои пардохти хароҷоти судӣ. Ҳангоми аз ҷониби мақомоти зикргардида, шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ даст кашидан аз дастгирии талаботе, ки онҳо ба манфиати шахси дигар пешниҳод намудаанд, инчунин ҳангоми аз даъво даст кашидани даъвогар оқибатҳои мурофиавии пешбининамудаи қисми 2 моддаи 47 ҳамин Кодекс фаро мерасанд.
Моддаи 49. Иштироки мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар мурофиа ҷиҳати додани хулоса вобаста ба парванда
1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ то баровардани ҳалномаи суди марҳилаи якум ҳуқуқ доранд бо ташаббуси худ ё бо ташаббуси шахсони иштирокчии парванда дар мурофиа бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои ба зиммаашон гузошташуда ё барои ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии дигар шахсон ё манфиати давлат ҷиҳати додани хулоса вобаста ба парванда иштирок кунанд.
2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ва дигар ҳолатҳои зарурӣ суд бо ташаббуси худ метавонад ҷиҳати ноил гаштан ба ҳамин мақсадҳо барои иштирок дар парванда мақомоти дахлдори давлатӣ ё мақомоти худидоракунии маҳаллиро ҷалб намояд.
БОБИ 5. НАМОЯНДАГӢ ДАР СУД
Моддаи 50. Пешбурди парванда ба воситаи намояндагон
1. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд парвандаро дар суд шахсан ё ба воситаи намоянда пеш баранд. Иштироки шахсии шаҳрванд дар парванда ҳуқуқи ӯро ҷиҳати доштани намоянда вобаста ба ҳамин парванда маҳдуд намесозад.
2. Шахсони ҳуқуқӣ парвандаро дар суд ба воситаи мақомоти худ, ки дар доираи салоҳияти пешбининамудаи қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё ҳуҷҷатҳои таъсисӣ амал мекунанд ё намояндагони онҳо пеш мебаранд.
3. Ваколатҳои роҳбарони шахсони ҳуқуқӣ мутобиқи ҳуҷҷатҳои ба суд пешниҳоднамудаи онҳо, ки вазъи хизматии онҳоро тасдиқ менамоянд ва ҳангоми зарурат мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 51. Шахсоне, ки метавонанд дар суд намоянда бошанд
Дар суд ба сифати намоянда метавонад шахси қобили амал, ки барои пешбурди парванда дорои ваколати ба таври дахлдор ба расмият даровардашуда мебошад, ба истиснои шахсони дар моддаи 53 ҳамин Кодекс зикргардида иштирок намояд. Шахсони дар моддаи 52 ҳамин Кодекс зикргардида мутобиқи қонун дорои ваколати намоянда мебошанд.
Моддаи 52. Намояндагоне, ки суд таъин мекунад
Суд адвокатро ба сифати намояндаи тараф дар ҳолатҳои зайл таъин менамояд:
- ҳузур надоштани намояндаи ҷавобгаре, ки маҳалли истиқомати он номаълум аст;
- дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун.
Моддаи 53. Шахсоне, ки наметавонанд дар суд намоянда бошанд
Судяҳо, муфаттишон, прокурорҳо наметавонанд дар суд намоянда бошанд, ба истиснои ҳолатҳои иштироки онҳо дар мурофиа ба сифати намояндагони мақомоти дахлдор ё намояндагони қонунӣ.
Моддаи 54. Намояндагони қонунӣ
1. Ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи шаҳрвандонро, ки дорои қобилияти пурраи амал нестанд, дар суд падару модари онҳо, ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда), васиён, парасторон ё дигар шахсоне, ки барояшон ин ҳуқуқро қонун пешбинӣ намудааст, ҳимоя мекунанд.
2. Оид ба парвандае, ки дар он бояд шахси тибқи тартиби муқарраргардида бедарак ғоибшуда эътирофгардида иштирок намояд, ба сифати намояндаи ӯ шахсе баромад мекунад, ки ба зиммаи ӯ идораи молу мулки шахси бедарак ғоибшуда вогузошта шудааст (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
3. Оид ба парвандае, ки дар он бояд вориси шахси вафоткарда ё тибқи тартиби муқарраргардида вориси шахси вафоткарда эълоншуда иштирок намояд, агар меросро ҳанӯз касе қабул накарда бошад, ба сифати намояндаи ворисон нигаҳдоранда ё васӣ, ки барои ҳифз ва идораи амволи меросӣ таъин гардидааст, иштирок мекунад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
4. Намояндагони қонунӣ, ки аз номи вакилкунандагон намояндагӣ мекунанд, тамоми амалҳои мурофиавиро ба ҷо меоранд, ки ҳуқуқи анҷом додани онҳо, бо назардошти маҳдудиятҳои пешбининамудаи қонун, ба вакилкунандагон марбут аст. Намояндагони қонунӣ метавонанд пешбурди парвандаро дар суд ба шахси дигаре, ки онҳо ба сифати намоянда интихоб кардаанд, супоранд.
Моддаи 55. Барасмиятдарории ваколатҳои намоянда
1. Ваколатҳои намоянда бояд дар ваколатнома, ки мутобиқи қонун дода ва ба расмият дароварда шудааст, пешбинӣ гарданд.
2. Ваколатномаҳое, ки ба шаҳрвандон дода мешаванд, мумкин аст тибқи тартиби нотариалӣ ё аз ҷониби ташкилоте, ки вакилкунанда дар он кор мекунад ё таҳсил менамояд, аз ҷониби мақоми худидоракунии маҳаллӣ, ташкилоти истифодаи манзили маҳалли истиқомати вакилкунанда, маъмурияти муассиса ё мақоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки дар он вакилкунанда қарор дорад, инчунин шифохона, госпитал ё дигар муассисаи статсионарии табобатӣ, ки дар он вакилкунанда ҷиҳати муолиҷа қарор дорад, командири қисми ҳарбии дахлдор, ҷузъу том, муассисаи таълими ҳарбӣ, агар ваколатнома барои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони ҳамин қисм ё аъзои оилаи онҳо дода шуда бошад, тасдиқ гардад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
3. Ваколатнома аз номи шахси ҳуқуқӣ бо имзои роҳбари он ё шахси дигаре, ки тибқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ваколатдор шудааст, дода мешавад ва бо мӯҳри ин ташкилот тасдиқ карда мешавад.
4. Намояндагони қонунӣ ба суд ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод менамоянд, ки вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои онҳоро тасдиқ мекунад.
5. Ҳуқуқи адвокат ҷиҳати иштирок дар суд ҳамчун намоянда бо ордер, ваколатнома ва шаҳодатнома  тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1232).
6. Ваколати намоянда мумкин аст инчунин дар муроҷиати шифоҳии вакилкунанда дар суд, ки дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ гардида, аз ҷониби вакилкунанда имзо шудааст ё бо аризаи хаттии вакилкунанда дар суд муайян гардад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
7. Иштироки ҳуқуқшиноси давлатӣ дар суд ба сифати намоянда бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ" таъмин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1697).
Моддаи 56. Ваколати намоянда
1. Намоянда ҳуқуқ дорад аз номи шахси намояндагикунанда дар суд ҳамаи амалҳои мурофиавиро анҷом диҳад (Қонуни ҶТ аз  2.01.2018 № 1474).
2. Ҳуқуқи намоянда барои имзои аризаи даъвогӣ, пешниҳоди он ба суд, супоридани парванда ба суди ҳакамӣ, пешниҳоди даъвои муқобили даъво, пурра ё қисман даст кашидан аз талаботи даъво, кам кардани андозаи онҳо, эътироф намудани даъво, тағйир додани мавзӯъ ё асоси даъво, бастани созиши оштӣ, ба шахси дигар вогузоштани ваколат, шикоят овардан ба санади судӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷро ҷиҳати ситонидан, гирифтани молу мулк ё пули ба фоидаи ӯ гузаронидашуда бояд дар ваколатномае, ки вакилкунанда додааст, зикр гардад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
БОБИ 6. ДАЛЕЛҲО ВА ИСБОТ
Моддаи 57. Далелҳо ва воситаҳои исбот
1. Ҳама гуна маълумот оид ба фактҳое, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун гирифта шудаанд ва дар асоси онҳо суд мавҷуд будан ё набудани ҳолатҳои асосноккунандаи талабот ва норозигии тарафҳо, инчунин дигар ҳолатҳои барои ҳалли дурусти парванда аҳамият доштаро муқаррар менамояд, далелҳо оид ба парванда эътироф мешаванд.
2. Маълумот оид ба фактҳо мумкин аст аз баёноти тарафҳо ва шахсони сеюм, нишондоди шоҳидон, далелҳои хаттӣ ва шайъӣ, сабтҳои овоз ва видео, хулосаи коршиносони судӣ ба даст оварда шавад. Ба сифати далел истифода намудани сабти видеоии баёноти шахсони иштироккунандаи парванда, инчунин шахсони дигар, ки дар баррасии парвандаҳо дар судҳо бо тартиби пешбининамудаи моддаи 158(1) Кодекси мазкур гирифта шудааст, иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
3. Маълумот оид ба фактҳое, ки бо вайрон кардани қонун дастрас шудаанд, далел ба ҳисоб намеравад ва ҳалнома наметавонад ба онҳо асос ёбад.
Моддаи 58. Ӯҳдадории исбот
1. Ҳар яке аз тарафҳо ӯҳдадоранд он ҳолатҳоеро исбот кунанд, ки ҳамчун асоси талабот ва норозигии худ ҳангоми аз ҷониби тарафи дигар мавриди баҳс қарор гирифтани ин ҳолат ба он истинод менамояд, агар дар қонун тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. Тарафе, ки ӯҳдадории худро оид ба исботи ягон ҳолат иҷро намекунад, оқибати ногувори исбот накардани ин ҳолатҳоро ба зимма дорад.
2. Тасдиқ намудани ягон ҳолати парванда аз ҷониби яке аз тарафҳо, ки онро тарафи дигар мавриди баҳс қарор надодааст, эътирофшуда ба ҳисоб рафта, баҳсталаб намебошад ва тарафҳоро аз исбот кардани ин ҳолат озод менамояд.
3. Тасдиқи тараф инчунин дар ҳолате эътирофшуда ба ҳисоб меравад, ки агар тарафи дигар онро мавриди баҳс қарор дода, аммо барои исботи он далелҳои мушаххас пешниҳод накарда бошад. Аз ҷониби як тараф мавриди баҳс қарор додани тасдиқи тарафи дигар бе пешниҳоди далелҳо, танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки агар мавзӯи тасдиқ факте бошад, ки бо амали худ ба тарафи баҳскунанда алоқаманд нест ва мавзӯи дарки шахсии ӯ намебошад.
4. Ҳолатҳои барои ҳалли дурусти парванда аҳамиятдоштаро суд дар асоси талабот ё норозигии шахсони иштирокчии парванда мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи моддии татбиқшаванда муайян менамояд.
5. Шахсони ҳуқуқӣ, инчунин мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ба манфиати тасдиқ, ҳифз ва химояи ҳуқуқҳои худ, ки ҳангоми бастани шартнома, тағйир додани шартҳои он ё бекор кардани шартнома, анҷом додани дигар аҳдҳо, ҳангоми барасмиятдарории ҳуқуқи моликият, ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ, бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ ё шаҳрванд ба сифати соҳибкор, ситонидани ҷарима, аз ҳисоб баровардани воситаҳои пулӣ бо тартиби бебаҳс ва ҳангоми анҷом додани дигар амали аз нигоҳи ҳуқуқӣ аҳамиятнок ба миён омадаанд, ӯҳдадоранд амали иҷрокарда ё радди иҷрои онро дар шакли ҳуҷҷате асоснок кунанд, ки ҷавобгӯи талаботи қонун, стандартҳо, намунаҳои тасдиқгардида, амалияи маъмулии муомилоти корӣ, бо таъмини реквизитҳои барои чунин ҳуҷҷатҳо зарурӣ - бланкаи фирмавӣ, санаи таҳия ё имзои ҳуҷҷат, асли будани имзои шахси мансабдор ё намоянда, мӯҳр, тартиби муқарраргардидаи дӯхт ва ҳисоби варақаҳои ҳуҷҷатҳо, бақайдгирии ҳуҷҷатҳо дар дафтари баҳисобгирии ҳуҷҷатҳо ё шартномаҳо мебошанд.
6. Ҳангоми вайрон кардани талаботи дахлдори тасдиқи далелҳо ва гум кардани нусхаи аслии ҳуҷҷат аз ҷониби иштирокчиёни мурофиаи маданӣ оқибатҳои ногувори исбот нашудани тасдиқи тарафҳо оид ба ҳолатҳои воқеии парванда ба зиммаи тараф ё шахси дигари иштирокчии парванда гузошта мешавад, ки метавонист ё мебоист то оғози мурофиаи судӣ худро бо далелҳои саҳеҳ ва бешубҳа таъмин намояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 59. Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва давлат ҳангоми исбот
1. Ҳангоми исбот амалҳои мурофиавие, ки ба ҳаёт, саломатӣ, эътибори шахсии шаҳрвандон метавонад зарар расонанд, қадру номуси шаҳрвандон ва эътибори кории шахси ҳуқуқиро паст мезананд, иҷозат дода намешаванд.
2. Суд барои махфӣ нигоҳ доштани маълумот оид ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон, инчунин маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ тадбирҳо меандешад. Шахсони иштирокчии парванда ва дигар шахсони ҳангоми гузаронидани амалҳои мурофиавӣ ҳузурдошта, ки дар ҷараёни он мумкин аст чунин маълумот ошкор гардад, аз масъулияти ифшои чунин маълумот огоҳ карда мешаванд.
3. Азназаргузаронӣ ва таҳқиқи ҳуҷҷатҳо ё ашёи дорои сирри давлатӣ мувофиқи таъиноти суд анҷом дода мешавад. Вақт, маҳал, шарти гузаронидани амалҳои мурофиавӣ ҷиҳати азназаргузаронӣ, таҳқиқи ҳуҷҷатҳо ва ашёи дорои сирри давлатиро суд муайян менамояд.
Моддаи 60. Пешниҳод ва талаб карда гирифтани далелҳо
1. Далелҳо аз ҷониби тарафҳо ва дигар шахсони иштирокчии парванда пешниҳод карда мешаванд. Суд ҳуқуқ дорад ба тарафҳо ва дигар шахсони иштирокчии мурофиа пешниҳоди далелҳои иловагиро тавсия диҳад. Дар ҳолате ки пешниҳоди далелҳои зарурӣ барои онҳо мушкил бошад, суд мутобиқи дархости онҳо дар ҷамъоварӣ ва талаб карда гирифтани далелҳо мусоидат менамояд.
2. Дар дархост оид ба талаб карда гирифтани далелҳо бояд далелҳо, инчунин дигар ҳолатҳое, ки барои баррасӣ ва ҳалли дурусти парванда аҳамият доранд, метавонанд бо он тасдиқ ё рад карда шаванд, сабабҳое, ки ба гирифтани далелҳо монеъ шудаанд, маҳалли ҷойгиршавии онҳо зикр гардад. Суд ба тараф барои гирифтани далелҳо дархост медиҳад ё бевосита далелҳоро талаб мекунад. Шахсе, ки далелҳои талабнамудаи суд дар ихтиёраш мебошад, онро бевосита ба суд мефиристонад ё ба шахсе, ки ҷиҳати пешниҳоди он ба суд дархости дахлдор дорад, месупорад.
3. Шахсони мансабдор ва шаҳрвандоне, ки барои пешниҳоди далели талабнамуда имконият надоранд ё наметавонанд дар мӯҳлати муқаррарнамудаи суд онро ба тарафҳо ё ба суд пешниҳод кунанд, бояд дар ин хусус дар мӯҳлати панҷ рӯз аз рӯзи гирифтани талабнома бо зикри сабабҳо судро огоҳ созанд. Ҳангоми огоҳ накардан, инчунин агар дархости суд дар хусуси пешниҳоди далелҳо ба тарафҳо ё ба суд бо сабабҳои узрнок эътирофнакардаи суд иҷро нашуда бошад, ба шахси мансабдор ё шаҳрванд, ки иштирокчии парванда намебошад, ба андозаи то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима баста мешавад.
4. Ҷарима бастани шахсони дахлдори мансабдор ва шаҳрвандоне, ки далелҳои талабшударо доранд, онҳоро аз ӯҳдадории ба суд пешниҳод намудани ин далелҳо озод намекунад.
Моддаи 61. Азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳо дар маҳалли ҷойгиршавии онҳо
1. Суд метавонад азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳои хаттӣ ё шайъиро дар маҳалли нигаҳдошт ё ҷойгиршавии онҳо анҷом диҳад, дар сурате ки овардани онҳо ба суд имконнопазир ё мушкил бошад.
2. Азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳоро суд бо огоҳонидани шахсони иштирокчии парванда анҷом медиҳад, аммо ҳозир нашудани онҳо барои азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳо монеа шуда наметавонад. Ҳангоми зарурат ҷиҳати иштирок дар азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳо метавонанд коршиносони судӣ, мутахассисон ва шоҳидон даъват карда шаванд.
3. Ҳангоми азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳо дар маҳалли ҷойгиршавии онҳо протокол тартиб дода мешавад.
Моддаи 62. Дахлдории далелҳо
Суд танҳо он далелҳоро қабул менамояд, ки барои парванда аҳамият доранд.
Моддаи 63. Ҷоизии далелҳо
Ҳолатҳои парванда, ки бояд мутобиқи қонун бо воситаҳои муайяни исбот тасдиқ гарданд, бо ҳеҷ воситаҳои дигари исбот тасдиқ шуда наметавонанд.
Моддаи 64. Асосҳои озод кардан аз исбот
1. Ҳолатҳое, ки суд онҳоро умумимаълум эътироф кардааст, ба исбот эҳтиёҷ надоранд.
2. Ҳолатҳое, ки бо санади эътибори қонунӣ пайдокардаи судӣ оид ба парвандаҳои маданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии қаблан баррасигардида муқаррар шудаанд, барои суд ҳатмӣ буда, онҳо ҳангоми баррасии дигар парвандаҳои маданӣ ва оилавӣ, ки дар он ҳамин шахсон иштирок менамоянд, аз нав исбот карда намешаванд ё мавриди баҳс қарор намегиранд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1987).
3. Санади эътибори қонунӣ пайдокардаи судӣ оид ба парвандаи иқтисодии қаблан баррасигардида барои суди юрисдиксияи умумӣ, ки парвандаҳои маданӣ ва оилавиро баррасӣ мекунад, ҳатмӣ буда, оид ба ҳолатҳое, ки бо санади судии суди иқтисодӣ муқаррар карда шудаанд, ҳангоми баррасии парвандаи дигар, ки дар он ҳамин шахсон иштирок менамоянд, аз нав исбот карда намешавад ё мавриди баҳс қарор намегирад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1987). 
4. Санади эътибори қонунӣ пайдокардаи суд оид ба парвандаи ҷиноятӣ барои суди баррасикунандаи парванда оид ба оқибатҳои маданию ҳуқуқии амали шахсе, ки нисбати ӯ санади судӣ дар хусуси оё чунин амалҳо ҷой доштанд ва ё онҳоро ҳамин шахс содир намудааст, бароварда шудааст, ҳатмӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1987, аз 03.01.2024 № 2022).
5. Ҳолатҳое, ки аз ҷониби нотариус ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ тасдиқ гардиданд, исботкуниро талаб намекунанд, агар асл будани ҳуҷҷати бо тариқи нотариалӣ тасдиқгардида бо тартиби пешбининамудаи моддаи 190 ҳамин Кодекс рад нагардида ё агар санади нотариалӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур бекор нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1817, аз 13.11.2023 № 1987).
Моддаи 65. Супориши судӣ
1. Суде, ки парвандаро баррасӣ мекунад, ҳангоми зарурати гирифтани далели дар дигар шаҳр ё ноҳия мавҷудбуда ба суди дахлдор супориши судӣ медиҳад, ки амали дахлдори мурофиавиро анҷом диҳад.
2. Дар таъинот оид ба супориши судӣ мӯҳтавои мухтасари парвандаи баррасишаванда ва маълумот оид ба тарафҳо, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии онҳо, ҳолатҳое, ки бояд муайян карда шаванд, далелҳое, ки суди иҷрокунандаи супориши судӣ онҳоро бояд ҷамъ намояд, нишон дода шаванд. Ин таъинот барои суде, ки ба унвони он ирсол шудааст, ҳатмӣ буда, бояд дар мӯҳлати то як моҳ аз рӯзи гирифтан иҷро карда шавад.
Моддаи 66. Тартиби иҷрои супориши судӣ
1. Иҷрои супориши судӣ дар маҷлиси судӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс анҷом дода мешавад. Шахсони иштирокчии парванда аз вақт ва маҳалли баргузории маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои иҷрои супориши судӣ монеа шуда наметавонад. Протоколҳо ва ҳамаи далелҳои ҳангоми иҷрои супориши судӣ ҷамъоваришуда фавран ба суде ирсол мегардад, ки парвандаро моҳиятан баррасӣ менамояд.
2. Агар шахсони иштирокчии парванда, шоҳидон ё коршиносони судие, ки ба суди супориши судиро иҷрокарда баёнот, нишондод ё хулоса додаанд, ба суди парвандаро баррасикунанда ҳозир шаванд, онҳо бо тартиби умумӣ баёнот, нишондод ва хулоса медиҳанд.
Моддаи 67. Таъмини далелҳо
1. Агар шахсони иштирокчии парванда шубҳа дошта бошанд, ки пешниҳоди далелҳои зарурӣ барояшон имконнопазир ё душвор мегардад, метавонанд таъмини ин далелҳоро аз суд хоҳиш кунанд.
2. То оғози баррасии парванда дар суд далелҳоро нотариусҳо ё шахсони мансабдори муассисаҳои консулӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун таъмин менамоянд.
Моддаи 68. Ариза оид ба таъмини далелҳо
1. Ариза ба суде, ки парвандаро баррасӣ менамояд ё дар ҳудуди фаъолияти он бояд оид ба таъмини далелҳо амалҳои мурофиавӣ сурат гиранд, пешниҳод карда мешавад.
2. Дар ариза оид ба таъмини далелҳо мӯҳтавои парвандаи баррасишаванда, маълумот оид ба тарафҳо, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии онҳо, далелҳое, ки таъмини онҳо зарур аст, ҳолатҳое, ки барои тасдиқи онҳо ин далелҳо заруранд, сабабҳое, ки аризадиҳандаро маҷбур сохтааст оид ба таъмини далелҳо бо хоҳиш муроҷиат намояд, бояд зикр шаванд.
Моддаи 69. Тартиби таъмини далелҳо
1. Таъмини далелҳо аз ҷониби судя тибқи қоидаҳои таҳқиқи онҳо, ки ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, анҷом дода мешаванд.
2. Протоколҳо ва далелҳои тибқи тартиби таъмини даъво ҷамъоваришуда бо огоҳонии шахсони иштирокчии парванда ба суди баррасикунандаи парванда супорида мешаванд.
3. Агар таъмини далелҳоро суде анҷом диҳад, ки парвандаро баррасӣ намекунад, қоидаҳои моддаҳои 66 ва 67 ҳамин Кодекс татбиқ мегарданд.
Моддаи 70. Баҳодиҳии далелҳо
1. Суд ба далелҳо аз рӯи эътимоди ботинии худ баҳо медиҳад, ки он ба таҳқиқи ҳамаҷониба, пурра, объективона ва бевоситаи далелҳои дар парванда мавҷуда асос меёбад.
2. Ҳеҷ яке аз далелҳо барои суд дорои эътибори қаблан муқарраргардида намебошад.
3. Суд дахлдорӣ, ҷоизӣ, саҳеҳии ҳар як далелро дар алоҳидагӣ, инчунин басандагӣ ва алоқаи мутақобилаи ин далелҳоро дар маҷмӯъ баҳо медиҳад.
4. Суд ӯҳдадор аст натиҷаҳои баҳодиҳии далелҳоро дар ҳалнома дарҷ намояд, ки дар он асосҳо барои қабули баъзе далелҳо чун воситаи асосноккунии хулосаи суд қабул гардида, дигар далелҳоро суд рад намудааст, инчунин асосҳое, ки мутобиқи онҳо ба як далел нисбат ба далели дигар афзалият дода шудааст, зикр мегарданд.
5. Далелҳоро суд ҳангоме саҳеҳ эътироф менамояд, ки агар дар натиҷаи таҳқиқ, муқоиса бо дигар далелҳо муайян гардад, ки маълумоти дар он мавҷуда ба ҳақиқат мувофиқанд.
6. Ҳангоми баҳодиҳии саҳеҳии ҳуҷҷатҳо ва дигар далелҳои хаттӣ суд бояд бо назардошти дигар далелҳо эътимод дошта бошад, ки ҳуҷҷат ва дигар далелҳои хаттӣ аз мақомоте пешниҳод шудаанд, ки барои додани чунин навъи далелҳо ваколатдоранд, аз ҷониби шахсе имзо шудааст, ки ҳуқуқ дорад ба ин ҳуҷҷатҳо имзо гузорад, дорои ҳамаи дигар реквизитҳое мебошад, ки барои чунин навъи далелҳо заруранд.
7. Ҳангоми баҳодиҳии саҳеҳии нусхаи ҳуҷҷат ё дигар далелҳои хаттӣ суд месанҷад, ки оё ҳангоми нусхабардорӣ дар мазмуни нусхаи ҳуҷҷат нисбат ба асли он тағйирот ба миён наомадааст, нусхабардорӣ бо кадом усули техникӣ сурат гирифтааст, оё ҷараёни нусхабардорӣ барои аёнияти нусха ва манбаи аслӣ кафолат медиҳад, нусхаи ҳуҷҷат бо чӣ усул нигоҳ дошта мешавад.
8. Суд наметавонад ҳолатро исботшуда ҳисоб кунад, агар он танҳо бо нусхаи ҳуҷҷат ё дигар далели хаттӣ тасдиқ гардида, асли ҳуҷҷатҳо гум шуда ё ба суд пешниҳод нашуда бошад ва нусхаи ин ҳуҷҷатҳое, ки тарафҳои баҳс пешниҳод кардаанд, якхела нестанд ва муқаррар намудани мӯҳтавои воқеии манбаи аслӣ бо кӯмаки дигар далелҳо имконнопазир мебошад.
Моддаи 71. Баёноти тарафҳо ва шахсони сеюм
1. Баёноти тарафҳо ва шахсони сеюм оид ба ҳолатҳои барояшон маълум ва барои ҳалли дурусти парванда аҳамиятдошта дар баробари дигар далелҳо бояд санҷида ва якҷоя баҳо дода шаванд. Агар тарафе, ки ӯҳдадор аст талабу норозигии худро исбот намояд, далелҳои доштаашро ба суд пешниҳод накунад, суд ҳуқуқ дорад хулосаи худро бо баёноти тарафи дигар асоснок кунад.
2. Аз ҷониби як тараф эътироф намудани ҳолате, ки тарафи дигар талабот ё норозигии худро бо он асоснок мекунад, хамин тарафро аз зарурати исботи минбаъдаи ин ҳолат озод менамояд. Эътирофи тарафҳо ва шахсони сеюм дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ карда мешавад. Агар эътироф дар аризаи хаттӣ изҳор шуда бошад, он ба маводи парванда замима мегардад.
3. Тарафе, ки натавонистааст бо воситаҳои исбот дар ҳаҷми пурра талабот ва норозигии худро исбот кунад, ҳуқуқ дорад ба суд барои пурсиши тарафи муқобил вобаста ба ҳолатҳое, ки бояд исбот шаванд, бо дархост муроҷиат намояд.
4. Агар тарафи дигар аз додани баёнот саркашӣ кунад ё далели талабнамудаи судро пешниҳод накунад, суд бо дарназардошти ҳамаи ҳолатҳои парванда ва сабабҳои саркашӣ намудан мутобиқи эътимоди ботинии худ оид ба саҳеҳии ин далелҳо қарор қабул мекунад.
Моддаи 72. Нишондоди шоҳид
1. Шоҳид шахсе мебошад, ки ин ё он маълумотро доир ба ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта медонад. Маълумоте, ки шоҳид баён намудааст, аммо наметавонад манбаи онро зикр кунад, далел ба ҳисоб намеравад.
2. Шахсе, ки дар хусуси даъвати шоҳид дархост намудааст, бояд нишон диҳад, ки шоҳид кадом ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдоштаро метавонад тасдиқ кунад ва ба суд оид ба насаб, ном, номи падар ва маҳалли истиқомати ӯ маълумот пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
3. Ба сифати шоҳид наметавонанд пурсида шаванд:
- шахсоне, ки вобаста ба ноқисии ҷисмонӣ ё рӯҳӣ наметавонанд далелҳоро саҳеҳ дарк намоянд ё дар хусуси онҳо нишондоди дуруст диҳанд;
- намояндагон оид ба парвандаи маданӣ, ҳимоягарон оид ба парвандаи ҷиноятӣ - дар хусуси ҳолатҳое, ки барояшон вобаста ба иҷрои ӯҳдадории намоянда ё ҳимоягар маълум гардидаанд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022);
- судяҳо, машваратчиёни халқӣ - оид ба масъалаҳое, ки дар хонаи алоҳида ва ё машваратӣ вобаста ба муҳокимаи ҳолатҳои парванда ҳангоми қабули ҳалнома, таъинот ё ҳукм ба миён омадаанд;
- ходимони ташкилотҳои диние, ки аз қайди давлатӣ гузаштаандоид ба ҳолатҳое, ки ҳангоми омурзиши шахсони омурзишгар барояшон маълум гардидааст.
4. Шахсони зерин ҳуқуқ доранд аз додани нишондод ба сифати шоҳид даст кашанд:
- шаҳрванд ба муқобили худ;
- ҳамсар ба муқобили ҳамсар, фарзандон ба муқобили падару модар ва падару модар ба муқобили фарзандон;
- бародарону хоҳарон бар зидди ҳамдигар, бобо ва бибӣ ба муқобили набераҳо ва набераҳо ба муқобили бобо ва бибӣ;
- вакилони мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ - оид ба маълумоте, ки вобаста ба иҷрои вазифаҳои вакилӣ барояшон маълум гардидааст.
Моддаи 73. Ӯҳдадорӣ ва ҳуқуқҳои шоҳид
1. Шахси ба сифати шоҳид даъватшуда ӯҳдадор аст дар вақти муайянгардида ба суд ҳозир шавад ва нишондоди ҳаққонӣ диҳад. Шоҳид мумкин аст аз ҷониби суд дар маҳалли ҷойгиршавии ӯ пурсида шавад, агар ӯ бо сабаби беморӣ, пиронсолӣ, маъюбӣ ё дигар сабабҳои узрнок ба суд ҳозир шуда натавонад.
2. Барои дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ ё саркашӣ кардан аз додани нишондод дар суд мутобиқи асосҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, шоҳид тибқи муқаррароти пешбининамудаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
3. Шоҳид ба ҷуброни хароҷоти даъват ба суд ва гирифтани ҷубронпулӣ барои сарфи вақт ҳуқуқ дорад. Андозаи ҷубронпулӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 74. Далелҳои хаттӣ
1. Далелҳои хаттӣ маълумот оид ба ҳолатҳоеро дар бар мегиранд, ки барои парванда аҳамият доранд: ҳуҷҷатҳо, санадҳо, шартномаҳо, маълумотномаҳо, муросилоти корӣ, дигар ҳуҷҷат ва маводе, ки дар шакли шифоҳӣ, рақамӣ, сабтҳои графикӣ, аз ҷумла тавассути алоқаи факсимилӣ, электронӣ, тавассути истифодаи шабакаи интернет ё дигар навъи алоқа ё ба таври дигар гирифташуда, ки имконият медиҳад мазмуни ҳуҷҷат муқаррар карда шавад. Ба далелҳои хаттӣ ҳукм ва ҳалнома, дигар санадҳои судӣ, протоколҳои анҷом додани амалҳои мурофиавӣ, протоколҳои маҷлисҳои судӣ, замимаҳо ба протоколҳои анҷом додани амалҳои мурофиавӣ нақшаҳо, харитаҳо, барномаҳо, ҷадвалҳо дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
2. Далелҳои хаттӣ дар шакли асл ё дар шакли нусхаи ба таври дахлдор тасдиқгардида пешниҳод карда мешаванд. Агар ба парвандаи баррасишаванда як қисми ҳуҷҷат дахл дошта бошад, иқтибоси тасдиқгардидаи он пешниҳод карда мешавад. Асли ҳуҷҷатҳо ҳангоме пешниҳод мегарданд, ки агар ҳолатҳои парванда мутобиқи қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд танҳо ба воситаи ин ҳуҷҷатҳо тасдиқ карда шаванд, агар ҳалли парванда бе ҳуҷҷатҳои асл имконнопазир бошад ва агар нусхаи ҳуҷҷатҳое пешниҳод шуда бошанд, ки бо мӯҳтавои худ фарқ мекунанд, инчунин дар ҳолатҳое, ки аслӣ будани ҳуҷҷат баҳснок аст.
3. Нусхаи далелҳои хаттие, ки аз тарафи шахси иштирокчии парванда ба суд пешниҳод гардидааст аз ҷониби ӯ ба дигар шахси иштирокчие, ки ин ҳуҷҷатҳоро надорад, фиристонида (супорида) мешавад. Агар нусхаи ҳуҷҷатҳо ба суд дар шакли электронӣ пешниҳод гардида бошанд, суд метавонад пешниҳоди нусхаи аслии ин ҳуҷҷатҳоро талаб намояд. Нусхаи далелҳои хаттие, ки суд бо ташаббуси худ талаб карда гирифтааст, ба шахсони иштирокчии парванда, ки ин далелҳоро надоранд, супорида мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
4. Ҳуҷҷате, ки дар давлати хориҷӣ мутобиқи қонунҳои амалкунандаи он гирифта шудааст, дар суд далели хаттӣ эътироф мегардад, агар  он тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ (легализатсия) карда ё ба он апостил гузошта шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1309).
5. Ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ дар суд тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, бидуни барасмиятдарории онҳо далелҳои хаттӣ эътироф мегарданд. Ин ҳуҷҷатҳо бо тарҷумаи забони давлатӣ ба тариқи нотариалӣ тасдиқгардида бояд пешниҳод карда шаванд.
Моддаи 75. Баргардонидани далелҳои хаттӣ
1. Далелҳои хаттии дар парванда мавҷуда бо хоҳиши шахсони пешниҳоднамудаи ин далелҳо баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома ба онҳо баргардонида мешаванд. Ҳамзамон дар парванда нусхаи далелҳои хаттии аз ҷониби судя тасдиқгардида боқӣ мемонад.
2. Агар суд имконпазир донад, метавонад то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома далелҳои хаттиро ба шахсоне, ки онҳоро пешниҳод намудаанд, баргардонад.
Моддаи 76. Далелҳои шайъӣ
Далелҳои шайъӣ ашёе мебошанд, ки бо намуди зоҳирии худ, хосият, маҳалли ҷойгиршавӣ ё дигар нишонаҳо метавонанд ҳамчун воситаи муайян намудани ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта истифода шаванд.
Моддаи 77. Нигаҳдории далелҳои шайъӣ
1. Далелҳои шайъӣ дар суд нигоҳ дошта мешаванд.
2. Ашёе, ки ба суд оварданаш имконнопазир аст, дар маҳалли ҷойгиршавии он ё дар маҳалли дигаре, ки суд муайян менамояд, нигоҳ дошта мешавад. Он бояд аз ҷониби суд аз назар гузаронида шуда, дар протоколи судӣ муфассал дарҷ гардад ва ҳангоми зарурат аксбардорӣ карда ва мӯҳр гузошта шавад. Суд ва нигаҳдоранда ҷиҳати ҳифзи бетағйири далелҳои шайъӣ тадбирҳо меандешанд.
3. Хароҷоти вобаста ба нигаҳдории далелҳои шайъӣ байни тарафҳо мутобиқи моддаи 100 ҳамин Кодекс тақсим карда мешавад.
Моддаи 78. Азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳои шайъие, ки зуд вайрон мешаванд
1. Азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳои шайъии зудвайроншавандаро суд дар маҳалли ҷойгиршавии онҳо ё дар маҳалли дигаре, ки суд муайян мекунад, фавран анҷом дода, баъд ба шахсе, ки онҳоро барои азназаргузаронӣ пешниҳод намудааст, бармегардонад ё ба ташкилоте, ки метавонад онҳоро тибқи таъиноташ истифода барад, супорад. Ҳангоми супоридани далелҳои шайъии зудвайроншаванда ба ташкилоте, ки метавонад онҳоро мувофиқи таъиноташ истифода барад, ба соҳиби ашё мумкин аст ашёи ҳамон навъ, дорои ҳамон сифат ё арзиши онҳо баргардонида шавад.
2. Оид ба вақт ва маҳалли азназаргузаронӣ ё таҳқиқи чунин далелҳои шайъӣ шахсони иштирокчии парванда, агар онҳо ба маҳалли ҷойгиршавии ин далели шайъӣ дар лаҳзаи азназаргузаронӣ ҳозир шуда тавонанд, огоҳ карда мешаванд. Ҳозир нашудани шахсони огоҳшудаи иштирокчии парванда барои азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳои шайъӣ монеа шуда наметавонад.
3. Маълумот дар хусуси азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳои шайъии зудвайроншаванда дар протокол дарҷ мегардад.
Моддаи 79. Ихтиёрдории далелҳои шайъӣ
1. Далелҳои шайъӣ баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома ба шахсоне, ки аз онҳо гирифта шудаанд, баргардонида ё ба шахсоне супорида мешаванд, ки суд ҳуқуқи онҳоро ба ин ашё эътироф кардааст ё тибқи тартиби муқаррарнамудаи суд ба фурӯш бароварда мешаванд.
2. Ашёе, ки мутобиқи қонун наметавонад мавриди ихтиёри шаҳрванд қарор дошта бошад, ба ташкилотҳои дахлдор супорида мешавад.
3. Суд далелҳои шайъиро баъди азназаргузаронӣ ва таҳқиқ метавонад то анҷоми мурофиа ба шахсоне, ки аз онҳо гирифта шудаанд, баргардонад, агар ин шахсон дар ин бора дархост карда бошанд ва қонеъгардонии чунин дархост барои ҳалли дурусти парванда монеа шуда натавонад.
4. Суд оид ба масъалаҳои ихтиёрдории далелҳои шайъӣ таъинот қабул мекунад, ки нисбат ба он шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
Моддаи 80. Сабти овоз ва видео
1. Шахсе, ки сабти овоз ё видеоро дар ҳомили электронӣ ё дигар ҳомил пешниҳод кардааст ё дар мавриди талаб карда гирифтани он дархост намудааст, бояд зикр кунад, ки ин сабт кай, аз ҷониби кӣ ва дар кадом шароит анҷом дода шудааст.
2. Сабти овоз ё видео, ки бо роҳи пинҳонӣ ба даст оварда шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин сабтро қонун иҷозат медиҳад, наметавонад ба сифати далел истифода бурда шавад.
Моддаи 81. Нигаҳдорӣ ва баргардонидани ҳомили сабти овоз ва видео
1. Ҳомили сабти овоз ва видео дар суд нигоҳ дошта мешавад. Суд ҷиҳати бетағйир нигоҳ доштани он тадбирҳо меандешад.
2. Дар ҳолатҳои истисноӣ, баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома, ҳомили сабти овоз ва видео метавонад ба шахс ё ташкилоте, ки онро пешниҳод кардааст, баргардонида шавад.
3. Суд оид ба масъалаҳои баргардонидани ҳомили сабти овоз ва видео таъинот қабул мекунад, ки нисбат ба он шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
Моддаи 82. Таъини экспертиза ва коршиноси судӣ
1. Ҷиҳати тавзеҳи масъалаҳои ҳангоми баррасии парванда бамиёномада, ки донишҳои махсусро дар соҳаи илм, санъат, техника ё касбҳои мухталиф тақозо мекунад, суд бо ташаббуси худ ё тибқи дархости тарафҳо ё дигар шахсони иштирокчии парванда экспертиза ва барои гузаронидани он коршиноси судиро таъин намуда, дар ин бора таъинот қабул мекунад. Гузаронидани экспертиза метавонад ба зиммаи як коршиноси судӣ, гурӯҳи коршиносони судӣ ё муассисаи судии экспертӣ гузошта шавад.
2. Ҳар кадоме аз тарафҳо ва дигар шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ доранд ба суд саволҳое пешниҳод кунанд, ки онро бояд коршиноси судӣ тавзеҳ диҳад. Доираи ниҳоии саволҳоеро, ки оид ба онҳо хулосаи коршиноси судӣ зарур мебошад, суд муайян менамояд. Оид ба саволҳои пешниҳодшудае, ки рад гардидаанд, суд таъиноти асоснок қабул мекунад.
3. Тарафҳо, дигар шахсони иштирокчиёни парванда ҳуқуқ доранд:
- аз суд хоҳиш намоянд, ки аз ҷумлаи шахсони зикрнамудаи онҳо ё ташкилотҳои махсусгардонидашуда коршиноси судиро таъин намояд;
- ба коршиноси судӣ саволҳо пешниҳод намоянд;
- бо таъинот оид ба таъини экспертиза ва саволҳои дар он тартибдодашуда, инчунин бо хулосаи коршиноси судӣ шинос шаванд;
- ба суд бо дархост дар хусуси таъин намудани экспертизаи комплексӣ, такрорӣ, иловагӣ ё комиссионӣ муроҷиат кунанд.
4. Агар тараф аз иштирок дар гузаронидани экспертиза саркашӣ намояд ё ба гузаронидани он монеа шавад (ба экспертиза ҳозир нашавад, ба коршиносони судӣ ашёи барои таҳқиқ заруриро пешниҳод накунад) ва мутобиқи ҳолати парванда бе иштироки ин тараф гузаронидани экспертиза ғайриимкон бошад, дар ин сурат суд вобаста ба он ки кадом тараф аз экспертиза саркашӣ менамояд, ба зиммаи вай ӯҳдадории исботи факти баҳснокро вогузор менамояд.
Моддаи 83. Мазмуни таъинот оид ба таъини экспертиза ва коршиноси судӣ
1. Дар таъинот оид ба таъини экспертиза ва коршиноси судӣ маълумотҳои зерин зикр мегарданд:
- номи суд, насаб, ном ва номи падари судя ва санаи таъини экспертиза (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- насаб, ном ва номи падари тарафҳо вобаста ба парвандаи баррасишаванда (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- номи экспертиза, фактҳое, ки барои тасдиқ ё рад намудани онҳо экспертиза таъин гардидааст;
- саволҳои дар назди коршиноси судӣ гузошташуда, насаб, ном ва номи падари коршиноси судӣ ё номи муассисаи экспертие, ки ба он гузаронидани экспертиза супориш дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- насаб, ном ва номи падари шахси пардохткунандаи музди экспертизаи давлатии судӣ (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- маводе, ки ба коршиноси судӣ ирсол мегардад, мӯҳлате, ки дар ҷараёни он бояд экспертиза гузаронида шавад ва ба суд хулоса пешниҳод гардад.
2. Дар таъинот ҳамчунин зикр мегардад, ки барои дидаю дониста пешниҳод кардани хулосаи бардурӯғ суд коршиноси судиро ё роҳбари муассисаи экспертие, ки корманди ҳамин муассиса экспертизаро мегузаронад, дар хусуси чавобгарии пешбининамудаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ менамояд.
Моддаи 84. Гирифтани намунаҳои тарзи навишт (хат) барои муқоисаи таҳқиқии ҳуҷҷати хаттӣ ва имзоҳо дар ҳуҷҷат
1. Дар сурати таҳти баҳс қарор додани имзои аслӣ дар ҳуҷҷат ё дигар далелҳои хаттӣ аз ҷониби шахсе, ки ҳуҷҷатро имзо намудааст, суд ҳуқуқ дорад бо розигии ҳамин шахс намунаи тарзи навиштро барои таҳқиқи минбаъдаи муқоисавӣ ба даст орад. Ҳангоми зарурати гирифтани намунаи тарзи навишт (хат) таъинот қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз  2.01.2018 № 1474).
2. Гирифтани намунаи тарзи навиштро (хатро) суд метавонад бо иштироки мутахассис анҷом диҳад.
3. Дар хусуси гирифтани намунаи тарзи навишт (хат) протокол тартиб дода мешавад, ки дар он сана, вақт, маҳал ва шарти гирифтани намунаи тарзи навишт (хат) инъикос мегардад. Протоколро судя, шахсе, ки аз ӯ намунаи тарзи навишт (хат) гирифта шудааст ва мутахассис, агар ӯ ҳангоми анҷоми ин амали мурофиавӣ иштирок дошта бошад, имзо мегузоранд.
Моддаи 85. Экспертизаи комплексӣ
1. Экспертизаи комплексиро суд ҳангоме таъин менамояд, ки агар муқаррар намудани ҳолати воқеӣ оид ба парванда ҳамзамон гузаронидани таҳқиқро бо истифодаи соҳаҳои мухталифи дониш ё бо истифодаи самтҳои мухталифи илмӣ дар доираи як соҳаи дониш тақозо намояд.
2. Экспертизаи комплексӣ ба зиммаи якчанд коршиносони судӣ гузошта мешавад. Оид ба натиҷаҳои экспертизаи гузаронидашуда коршиносони судӣ хулосаи муштараки худро вобаста ба ҳолатҳои воқеӣ ҷамъбаст намуда, онро дар хулосаи умумӣ инъикос менамоянд, ки аз ҷониби ҳамаи коршиносони судӣ имзо гузошта мешавад.
3. Коршиносони судие, ки дар ҷамъбасти хулосаи умумӣ иштирок накардаанд ё бо он розӣ нестанд, танҳо ба қисми хулосаи таҳқиқнамудаи худ имзо мегузоранд.
Моддаи 86. Экспертизаи комиссионӣ
1. Экспертизаи комиссиониро суд барои муқаррар намудани ҳолатҳои воқеӣ вобаста ба як соҳаи дониш дар ҳайати ду ё якчанд коршиноси судӣ таъин менамояд.
2. Коршиносони судӣ байни худ машварат намуда, ба натиҷаи умумӣ меоянд, онро ҷамъбаст карда, хулосаи умумиро имзо мекунанд.
3. Коршиноси судие, ки бо хулосаи коршиноси судӣ ё дигар коршиносони судӣ розӣ намебошад, ҳуқуқ дорад оид ба ҳамаи саволҳо ё саволҳои алоҳидаи баҳснок хулосаи алоҳида пешниҳод кунад.
Моддаи 87. Тартиби гузаронидани экспертиза
1. Экспертизаро кормандони муассисаҳои экспертӣ бо супориши роҳбари муассиса ё дигар мутахассисон, ки суд супориш додааст, мегузаронанд. Гузаронидани экспертиза мумкин аст ба якчанд коршиносони судӣ супорида шавад.
2. Экспертиза дар маҷлиси судӣ гузаронида мешавад, агар вобаста ба хусусияти таҳқиқот зарур бошад ё ҳангоми ғайриимкон ё мушкил будани интиқоли мавод барои таҳқиқот гузаронидан дар маҷлиси судӣ, он гоҳ экспертиза берун аз маҷлиси судӣ гузаронида мешавад. Шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ доранд ҳангоми гузаронидани экспертиза иштирок кунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки иштироки онҳо берун аз маҷлиси судӣ метавонад кори мӯътадили коршиносони судиро халалдор созад (Қонуни ҶТ аз  2.01.2018 № 1474).
Моддаи 88. Хулосаи коршиноси судӣ
1. Коршиноси судӣ дар шакли хаттӣ хулоса пешниҳод менамояд.
2. Хулоса бояд тафсилоти муфассали таҳқиқоти гузаронидашударо, ки дар натиҷаи хулосаҳо ва ҷавобҳо ба саволҳои пешниҳодкардаи суд ба даст омадаанд, дар бар гирад. Агар коршиноси судӣ ҳангоми гузаронидани экспертиза ҳолатҳоеро муқаррар кунад, ки барои парванда аҳамият доранд ва оид ба онҳо дар назди ӯ масъала гузошта нашудаанд, ҳуқуқ дорад натиҷаҳои ин ҳолатҳоро дар хулосаи худ дарҷ намояд (Қонуни ҶТ аз  2.01.2018 № 1474).
3. Хулосаи коршиноси судӣ дар маҷлиси судӣ таҳқиқ гардида, дар баробари дигар далелҳо баҳо дода мешавад.
Моддаи 89. Экспертизаи иловагӣ ё такрорӣ
1. Экспертизаи иловагӣ барои пурра намудани носаҳеҳӣ ва норасоиҳое, ки дар хулосаи коршиноси судӣ мавҷуданд, гузаронида мешавад.
2. Экспертизаи такрорӣ ҳангоме гузаронида мешавад, ки агар хулосаи коршиноси судӣ асоснок набошад, натиҷагирӣ шубҳанок бошад, маводи ба коршиноси судӣ пешниҳодшуда боэътимод эътироф нашуда бошад, байни хулосаҳои якчанд коршиносони судӣ ихтилофоти назар вуҷуд дошта бошад, инчунин ҳангоме, ки қоидаҳои гузаронидани экспертиза вайрон карда шуда бошанд.
БОБИ 7. ХАРОҶОТИ СУДӢ
Моддаи 90. Хароҷоти судӣ
1. Хароҷоти судӣ аз боҷи давлатӣ ва хароҷоти вобаста ба баррасии парванда иборат мебошад.
2. Андоза ва тартиби пардохти боҷи давлатӣ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" муайян карда мешавад.
Моддаи 91. Озод кардан аз пардохти боҷи давлатӣ, кам кардани андозаи он, ба таъхир андохтан ё ба давраҳо ҷудо кардани мӯҳлати пардохти боҷи давлатӣ
1. Ҳангоми баррасии парвандаҳо дар судҳои юрисдиксияи умумӣ озод кардан аз пардохти боҷи давлатӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" сурат мегирад.
2. Нусхаи санадҳои судӣ ба тарафҳои иштирокчии парванда бо хоҳиши онҳо супорида мешавад ё дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс бе пардохти боҷи давлатӣ ирсол мегардад. Барои такроран додани нусхаи санади судӣ ба шахсони иштирокчии парванда боҷи давлатӣ пардохта мешавад.
3. Суд бо дарназардошти вазъи молу мулкии шаҳрванд метавонад ӯро аз пардохти боҷи давлатӣ озод кунад ё андозаи боҷи давлатиро кам кунад ё мӯҳлати пардохти боҷи давлатиро ба таъхир андозад ё ин мӯҳлатро ба давраҳо ҷудо намояд.
Моддаи 92. Нархи даъво
1. Нархи даъво чунин муайян карда мешавад:
- даъво оид ба ситонидани маблағи пулӣ - бо дарназардошти маблағҳои ситонидашаванда;
- даъво оид ба талаб карда гирифтани молу мулк - бо дарназардошти арзиши молу мулк;
- даъво оид ба ситонидани алимент - бо дарназардошти маҷмӯи маблағҳо дар як сол;
- даъво оид ба пардохтҳои фаврӣ ва додани маблағ - бо дарназардошти маҷмӯи тамоми пардохтҳо ё додани маблағ, аммо ба мӯҳлати на бештар аз се сол;
- даъво оид ба пардохтҳо ва додани маблағи бемӯҳлат ё якумрӣ - бо дарназардошти маҷмӯи пардохтҳо ё додани маблағ дар се сол;
- даъво оид ба кам ё зиёд кардани пардохтҳо ё додани маблағ - бо дарназардошти маблағе, ки пардохт ё додани маблағ кам ё зиёд карда мешавад, аммо на бештар аз як сол;
- даъво оид ба қатъ кардани пардохт ё додани маблағ - бо дарназардошти маҷмӯи маблағҳои боқимондаи пардохтҳо ва додани маблағ, аммо на бештар барои як сол;
- даъво оид ба пеш аз мӯҳлат бекор кардани шартномаи кирояи молу мулк - бо дарназардошти маҷмӯи пардохтҳо барои истифодаи молу мулк дар ҷараёни мӯҳлати боқимондаи амали шартнома, аммо на бештар аз се сол;
- даъво оид ба ҳуқуқ ба моликияти ғайриманқул, ки бо ҳуқуқи моликият ба шаҳрвандон тааллуқ дорад - бо дарназардошти арзиши объект, аммо на камтар аз арзиши инвентаризатсионӣ ва ҳангоми мавҷуд набудани он - на камтар аз нархи шартномаи суғурта ва барои объектҳои марбути ташкилот - на камтар аз арзиши балансии объект;
- даъвои дорои якчанд талаботи мустақил - бо дарназардошти ҳар як талабот дар алоҳидагӣ.
2. Нархи даъворо даъвогар муайян мекунад. Дар сурати баръало мутобиқат надоштани нархи зикршуда ба арзиши воқеии молу мулки талабшаванда нархи даъворо суд ҳангоми қабули аризаи даъвогӣ муайян менамояд ва дар ин хусус таъинот қабул мекунад.
Моддаи 93. Пардохти иловагии боҷи давлатӣ
1. Ҳангоми душвории муайян намудани нархи даъво дар рӯзи пешниҳоди он андозаи боҷи давлатиро суд пешакӣ муайян намуда, минбаъд боҷӣ давлатӣ иловатан, мутаносибан ба нархи даъвое, ки суд ҳангоми ҳалли парванда муайян кардааст, пардохта мешавад.
2. Дар сурати афзоиши андозаи талаботи даъво ҳангоми баррасии парванда маблағи боқимондаи боҷи давлатӣ аз ҷониби даъвогар вобаста ба андозаи афзудаи нархи даъво иловатан пардохта мешавад.
Моддаи 94. Баргардонидани боҷи давлатӣ
1. Боҷи давлатии пардохтшуда дар ҳолатҳои зерин баргардонида мешавад:
- пардохти барзиёди боҷ нисбат ба андозае, ки қонун муайян кардааст;
- рад намудани қабули ариза дар хусуси баровардани фармон тибқи асосҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 127 ҳамин Кодекс;
- рад намудани қабули ариза барои баррасӣ тибқи асосҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 137 ҳамин Кодекс;
- баргардонидани ариза тибқи асосҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 137 ва қисми 1 моддаи 138 ҳамин Кодекс;
- қатъи баррасии парванда тибқи асосҳои пешбининамудаи сархатҳои якум, дуюм ва панҷуми моддаи 225 ҳамин Кодекс;
- бе баррасӣ монондани ариза мутобиқи асосҳои пешбининамудаи сархати якуми моддаи 227 ҳамин Кодекс.
2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархати якуми қисми 1 ҳамин модда боҷи давлатӣ ба андозае, ки барзиёд пардохта шудааст, баргардонида мешавад.
3. Боҷи давлатӣ инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун баргардонида мешавад.
4. Баргардонидани боҷи давлатӣ аз ҷониби мақоми молиявии давлатии маҳалли ҷойгиршавии бонк (филиали он), ки пардохтро қабул кардааст, дар асоси таъинот дар хусуси баргардонидани боҷи давлатӣ анҷом дода мешавад. Боҷи давлатие, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохта шудааст, дар мӯҳлати 10 рӯз аз рӯзи қабул кардани таъинот баргардонида мешавад.
Моддаи 95. Хароҷоти вобаста ба баррасии парванда
Ба хароҷот оид ба баррасии парванда инҳо дохил мешаванд:
- маблағе, ки бояд ба шоҳидон, коршиносони судӣ, мутахассисон ва тарҷумонҳо пардохта шавад;
- хароҷоте, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои хизматрасонии тарҷумон пардохтаанд, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад;
- хароҷоти сафар ва истиқомати тарафҳо ва шахсони сеюм, ки вобаста ба ҳозир шудан ба суд сарф намудаанд;
- хароҷоти пардохти хизматрасонии намояндагон;
- хароҷот барои азназаргузаронӣ дар маҳал;
- ҷубронпулӣ барои сарфи воқеии вақт мутобиқи моддаи 101 ҳамин Кодекс;
- хароҷоти почта вобаста ба баррасии парванда, ки тарафҳо пардохтаанд;
- хароҷоти нигаҳдории далели шайъӣ;
- дигар хароҷоте, ки суд эътироф намудааст.
Моддаи 96. Ба таъхир андохтан ё ба давраҳо ҷудо кардани мӯҳлати пардохт, кам кардани андозаи он ва ё озод намудан аз хароҷоти судӣ вобаста ба баррасии парванда
Суд бо дарназардошти вазъи молу мулкии тарафҳо метавонад барои як ё ҳар ду тараф мӯҳлати пардохти хароҷоти судиро вобаста ба баррасии парванда ба таъхир андозад ё ин мӯҳлатро ба давраҳо ҷудо намояд ё андозаи онро кам кунад ё аз пардохти хароҷоти судӣ вобаста ба баррасии парванда озод намояд ва дар ин хусус таъинот қабул мекунад.
Моддаи 97. Маблағе, ки бояд ба шоҳидон, коршиносони судӣ, мутахассисон ва тарҷумонҳо пардохта шавад
1. Ба шоҳидон, коршиносони судӣ, мутахассисон ва тарҷумонҳо хароҷоти вобаста ба ҳозир шудан ба суд, роҳкиро, истиқомат, инчунин хароҷоти шабонарӯзӣ тибқи муқаррароти қонун ҷуброн карда мешавад.
2. Ба шаҳрвандони машғули кор, ки ба сифати шоҳид ба суд даъват шудаанд, музди миёнаи меҳнат дар ҷойи кор барои вақте ки ҷиҳати ҳозир шудан ба суд сарф намудаанд, нигоҳ дошта мешавад. Ба шоҳидоне, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ нестанд, барои ҷалб аз машғулияти маъмулиашон ба суд бо дарназардошти сарфи воқеии вақт ва дар андозаи ҳаҷми ҳадди ақали музди меҳнати муқарраргардида ҷубронпулӣ пардохта мешавад.
3. Ба коршиносони судӣ ва мутахассисон барои корҳое, ки онҳо тибқи супориши суд анҷом додаанд, агар ин кор ба доираи фаъолияти хизматии онҳо ҳамчун корманди муассисаи давлатӣ дохил нашавад, подошпулӣ пардохта мешавад. Ҳаҷми подошпулии коршиносони судӣ ва мутахассисонро суд бо мувофиқаи тарафҳо ва тибқи созишнома бо коршиносони судӣ ва мутахассисон муқаррар менамояд.
Моддаи 98. Аз ҷониби тарафҳо гузаронидани маблағе, ки бояд ба шоҳидон, коршиносони судӣ ва мутахассисон пардохта шавад
Маблағе, ки бояд ба шоҳидон, коршиносони судӣ ва мутахассисон пардохта шавад, инчунин дигар хароҷоти вобаста ба баррасии парванда, ки суд эътироф кардааст, аз ҷониби тарафе, ки хоҳиши пардохти онро кардааст, пешакӣ ба суратҳисоби суд гузаронида мешавад. Дар сурате, ки агар ҳар ду тараф чунин хоҳиш карда бошанд, маблағи зарурӣ бо қисмҳои баробар аз ҷониби тарафҳо гузаронида мешавад.
Моддаи 99. Пардохти маблағ ба шоҳидон ва тарҷумонҳо
1. Маблағ барои шоҳидон ва тарҷумонҳо баъди дар суд иҷро намудани ӯҳдадориҳояшон пардохта мешавад. Пардохти хизматрасонии тарҷумонҳо ва хароҷоти онҳо вобаста ба ҳозир шудан ба суд аз ҳисоби буҷети дахлдор анҷом дода мешавад.
2. Тартиби пардохти маблағ ба шоҳидон ва тарҷумонҳо, инчунин ҳаҷми ин маблағро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 100. Байни тарафҳо тақсим намудани хароҷоти судӣ
1. Суд ба тарафе, ки ба манфиати он ҳалнома қабул шудааст, аз ҳисоби тарафи дигар ҳамаи хароҷоти судӣ вобаста ба баррасии парвандаро ҷуброн менамояд. Агар даъво қисман қонеъ гардонида шуда бошад, пас хароҷоти судии дар ҳамин модда пешбинигардида ба даъвогар мутаносибан ба андозаи талаботи қонеъгардонидаи суд ва ба ҷавобгар бошад мутаносибан ба он қисми талаботи даъво, ки ба даъвогар рад карда шудааст, гузаронида мешавад.
2. Қоидаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида инчунин ба тақсими хароҷоти судие, ки тарафҳо вобаста ба баррасии парванда дар марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ сарф намудаанд, татбиқ мегарданд.
3. Агар суди марҳилаи болоӣ парвандаро ба баррасии нав барнагардонад ва ҳалномаи қабулшударо тағйир диҳад ё ҳалномаи нав қабул кунад, он мутаносибан тақсими хароҷоти судиро низ тағйир медиҳад. Агар дар ин ҳолатҳо суди марҳилаи болоӣ ҳалномаро дар қисми тақсими хароҷоти судӣ тағйир надода бошад, пас ин масъаларо мутобиқи аризаи шахси манфиатдор бояд суди марҳилаи якум ҳал кунад.
Моддаи 101. Ситонидани ҷубронпулӣ барои сарфи вақт
Суд метавонад аз тарафе, ки бевиҷдонона даъвои беасос пешниҳод кардааст ё зидди даъво баҳс мекунад ё ба таври мунтазам ба баррасӣ ва ҳалли дуруст ва саривақтии парванда муқобилият мекунад, барои вақти кории воқеии сарфшуда ба манфиати тарафи дигар ҷубронпулӣ ситонад. Андозаи ҷубронпулиро суд дар ҳаҷми қобили қабул ва бо дарназардошти ҳолатҳои мушаххас муқаррар менамояд.
Моддаи 102. Ҷуброни хароҷот барои пардохти хизмати намоянда
1. Суд ба тарафе, ки ба манфиати он ҳалнома баровардааст, аз ҳисоби тарафи дигар хароҷоти вобаста ба пардохти хизмати намояндаро дар ҳаҷми қобили қабул ҷуброн мекунад.
2. Агар тибқи тартиби муқарраргардида адвокат ба тарафе хизмати ройгон расонида бошад, ки ба манфиати он ҳалнома қабул шудааст, маблағи хароҷоти дар қисми 1 ҳамин модда барои пардохти хизмати адвокат муайянгардида аз тарафи дигар ба манфиати адвокат ситонида мешавад.
3. Дар сурате, агар бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ" ба тарафе, ки ба манфиати он қарор қабул гардидааст, ёрии ҳуқуқӣ расонида шуда бошад ва ҳаққи хизмати адвокат ё намоянда аз ҳисоби давлат пардохт шуда бошад, хароҷоти ба пардохти ҳаққи хизмати адвокат ё намоянда вобаста аз ҳисоби тарафи дигар ба фоидаи давлат ситонида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1697).
Моддаи 103. Тақсими хароҷоти судӣ ҳангоми даст кашидан аз даъво, эътирофи даъво ва бастани созиши оштӣ
1. Ҳангоми аз даъво даст кашидани даъвогар хароҷоти ӯро ҷавобгар ҷуброн намекунад. Даъвогар ба ҷавобгар хароҷоти судии баррасии парвандаро ҷуброн менамояд.
2. Ҳангоми аз даъво даст кашидани даъвогар хароҷоти судии баррасии парвандаро ҷавобгар ҷуброн мекунад, агар амали ҷавобгар асоси пешниҳоди даъво гардида бошад.
3. Агар даъвогар талаботи худро дар натиҷаи ихтиёран қонеъгардонии он аз ҷониби ҷавобгар баъди пешниҳоди даъво дастгирӣ нанамояд, суд бо дархости даъвогар ҳамаи хароҷоти судии даъвогарро аз ҷавобгар бармегардонад.
4. Агар ҷавобгар даъворо эътироф намояд, хароҷоти судии вобаста ба баррасии парванда ба зиммаи ҷавобгар гузошта мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар рафтори ҷавобгар боиси пешниҳоди даъво нагардида бошад ва даъво баъди ба ҷавобгар супоридани нусхаи аризаи даъвогӣ фавран эътироф шуда бошад.
5. Тарафҳо ҳангоми бастани созиши оштӣ бояд тартиби тақсими хароҷоти судиро пешбинӣ намоянд.
6. Агар ҳангоми бастани созиши оштӣ тарафҳо тартиби тақсими хароҷоти судиро пешбинӣ накарда бошанд, суд ин масъаларо мутобиқи моддаҳои 97, 98, 99 ва 100 ҳамин Кодекс ҳал менамояд.
Моддаи 104. Ҷуброни хароҷоти судӣ аз ҷониби тарафҳо
1. Ҳангоми пурра ё қисман рад кардани даъвои шахсоне, ки ба суд мутобиқи ҳолатҳои пешбининамудаи қонун бо ариза барои ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии дигар шахсон муроҷиат кардаанд, ба ҷавобгар хароҷоти вобаста ба баррасии парванда аз ҳисоби буҷети дахлдор мутаносибан ба он қисми талаботи даъво, ки ба даъвогар рад шудааст, ҷуброн карда мешавад.
2. Ҳангоми қонеъ гардонидани даъвои аз ҳабс озод кардани молу мулк хароҷоти судии даъвогар аз ҳисоби маблағҳои дахлдори буҷет ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 105. Ҷуброни хароҷоти судӣ ҳангоми баррасии парванда
1. Хароҷотеро, ки суд вобаста ба баррасии парванда кардааст ва боҷи давлатие, ки аз пардохти онҳо даъвогар озод шудааст, аз ҷавобгари аз пардохти хароҷоти судӣ озоднашуда мутаносибан дар қисми қонеъ гардонидашудаи талаботи даъво ба фоидаи буҷети дахлдор ситонида мешавад.
2. Ҳангоми даст кашидан аз даъво хароҷоти судӣ вобаста ба баррасии парванда аз даъвогаре, ки аз пардохти хароҷоти судӣ озод нашудааст, ба буҷети дахлдор ситонида мешавад.
3. Агар даъво қисман қонеъ гардонида шуда, аммо ҷавобгар аз пардохти хароҷоти судӣ озод шуда бошад, хароҷоти судӣ вобаста ба баррасии парванда аз даъвогаре, ки аз пардохти хароҷоти судӣ озод нашудааст, мутаносибан ба он қисми талаботи даъво, ки қонеъ гардонидани он барояш рад шудааст, ба буҷети дахлдор ситонида мешавад.
4. Агар ҳар ду тараф аз пардохти хароҷоти судӣ озод карда шуда бошанд, пас хароҷоти судӣ вобаста ба баррасии парванда аз ҳисоби буҷети дахлдор ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 106. Шикояти хусусӣ нисбат ба таъинот оид ба масъалаҳои хароҷоти судӣ
Нисбат ба таъинот оид ба масъалаҳои хароҷоти судӣ шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
БОБИ 8. ҶАРИМАҲОИ СУДӢ
Моддаи 107. Ҷаримаҳои судӣ
1. Ҷаримаҳои судӣ вобаста ба ҳолатҳо ва дар ҳаҷми пешбининамудаи ҳамин Кодекс аз ҷониби суд баста мешавад.
2. Ҷаримаҳои бастаи суд нисбат ба шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар шахсони ҳуқуқие, ки дар баррасии парванда иштирок накардаанд, барои риоя накардани ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қонун аз маблағҳои шахсии онҳо ситонида мешавад.
3. Нусхаи таъинот оид ба ҷарима бастан ба шахсе, ки ҷаримабандӣ шудааст, ирсол мегардад.
4. Нисбат ба таъинот шахсе, ки ҷаримабандӣ шудааст, метавонад шикояти хусусӣ пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
Моддаи 108. Зиёд ё кам кардани андозаи ҷарима
1. Дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи баъди гирифтани нусхаи таъинот шахси ҷаримабандишуда метавонад ба суде, ки ҷаримабандӣ намудааст, дар хусуси зиёд ё кам кардани ҷарима бо ариза муроҷиат кунад. Ариза дар давоми даҳ рӯз бояд дар маҷлиси судӣ баррасӣ гардад. Шахсе, ки ҷаримабандӣ гардидааст, оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ карда мешавад, аммо ҳозир нашудани ӯ барои баррасии ариза монеа шуда наметавонад.
2. Нисбат ба таъинот дар хусуси рад намудани зиёд ё кам кардани ҷарима мумкин аст шикояти хусусӣ пешниҳод гардад.
БОБИ 9. МӮҲЛАТҲОИ МУРОФИАВӢ
Моддаи 109. Баҳисобгирии мӯҳлатҳои мурофиавӣ
1. Амалиёти мурофиавӣ дар мӯҳлатҳои мурофиавии муқаррарнамудаи қонун анҷом дода мешавад. Дар ҳолатҳое, ки агар мӯҳлатҳои мурофиавӣ дар қонун муқаррар нашуда бошанд, онҳоро суд таъин менамояд.
2. Мӯҳлат барои анҷом додани амалиёти мурофиавӣ бо санаи дақиқи тақвимӣ, зикри ҳодисае, ки бояд ҳатман фаро расад ё фосилаи вақте, ки дар ҷараёни он амал бояд иҷро карда шавад, муайян мегардад. Дар ҳолати охир амал мумкин аст дар тамоми давра иҷро шавад.
3. Ҷараёни мӯҳлати мурофиавӣ бо солҳо, моҳҳо ё рӯзҳо ба ҳисоб гирифта шуда, аз рӯзи дигари фаро расидани санаи тақвимӣ ё фарорасии ҳодиса, ки бо он оғози мӯҳлат муайян гардидааст, шурӯъ мешавад.
Моддаи 110. Хотима ёфтани мӯҳлатҳои мурофиавӣ
1. Мӯҳлате, ки бо солҳо ба ҳисоб гирифта мешавад, дар моҳ ва санаи дахлдори соли охирини мӯҳлат хотима меёбад. Мӯҳлате, ки бо моҳҳо ба ҳисоб гирифта мешавад, дар санаи дахлдори моҳи охирини мӯҳлат хотима меёбад. Агар охири мӯҳлати бо моҳҳо ҳисобшуда ба моҳе рост ояд, ки дорои санаи дахлдор намебошад, пас мӯҳлат дар рӯзи охирини ин моҳ хотима меёбад.
2. Агар рӯзи охирини мӯҳлат ба рӯзи истироҳат рост ояд, хотима ёфтани мӯҳлат рӯзе ба ҳисоб меравад, ки баъди он рӯзи корӣ фаро мерасад.
3. Амалиёти мурофиавӣ, ки барои иҷрои он мӯҳлат муқаррар шудааст, метавонад то соати бисту чори рӯзи охирини мӯҳлат анҷом дода шавад. Агар шикоят, ҳуҷҷат ё маблағҳои пулӣ ба почта ё телеграф то соати бисту чори рӯзи охирини мӯҳлат супорида шуда бошад, мӯҳлат гузаронидашуда ба ҳисоб намеравад.
4. Агар амали мурофиавӣ бевосита дар суд ё дигар ташкилот сурат гирад, пас мӯҳлат дар соате қатъ мегардад, ки мутобиқи қоидаҳои муқарраргардида дар ин суд ё ташкилотҳо кор ё амалиёти дахлдор хотима меёбад.
Моддаи 111. Оқибатҳои гузаронидани мӯҳлатҳои мурофиавӣ
1. Ҳуқуқи анҷом додани амалҳои мурофиавӣ бо гузаштани мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун ё мӯҳлати таъиннамудаи суд қатъ мегардад.
2. Шикоят ва ҳуҷҷатҳое, ки баъди гузаштани мӯҳлатҳои мурофиавӣ пешниҳод гардидаанд, агар барои барқарорсозии мӯҳлати гузаронидашуда дархост пешниҳод нагардида бошад, аз ҷониби суд баррасӣ намегарданд ва ба шахсе, ки онҳоро пешниҳод кардааст, баргардонида мешаванд.
Моддаи 112. Боздоштани мӯҳлатҳои мурофиавӣ
1. Ҷараёни ҳамаи мӯҳлатҳои ба хотима нарасидаи мурофиавӣ ҳамзамон бо боздоштани баррасии парванда боздошта мешаванд.
2. Ҷараёни мӯҳлати мурофиавӣ аз рӯзи аз нав оғоз намудани мурофиа идома меёбад.
Моддаи 113. Тамдиди мӯҳлатҳои мурофиавӣ
Мӯҳлатҳои таъиннамудаи суд то гузаштани он метавонад аз ҷониби ҳамин суд тамдид карда шаванд.
Моддаи 114. Барқарор намудани мӯҳлатҳои мурофиавӣ
1. Ба шахсоне, ки мӯҳлатҳои мурофиавии муқаррарнамудаи қонунро бо сабабҳои узрнок эътирофнамудаи суд гузаронидаанд, ин мӯҳлатҳоро суд метавонад барқарор намояд.
2. Ариза дар бораи барқарор намудани мӯҳлати мурофиавии гузаронидашуда ба суде, ки дар он бояд амалиёти мурофиавӣ сурат гирад, пешниҳод гардида, дар маҷлиси судӣ баррасӣ карда мешавад. Шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ мегарданд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои ҳалли масъалаҳои дар назди суд гузошташуда монеа шуда наметавонад.
3. Ариза дар бораи барқарор намудани мӯҳлати мурофиавии гузаронидашуда дар давоми як моҳи баъди рафъи ҳолатҳое, ки боиси гузаронидани мӯҳлати мурофиавӣ гаштаанд, пешниҳод мегардад. Ариза дар бораи барқарор намудани мӯҳлати мурофиавии гузаронидашуда наметавонад баъди гузашти як сол аз лаҳзаи гузаронидани мӯҳлат пешниҳод карда шавад.
4. Ҳангоми баррасии ариза барои барқарор кардани мӯҳлати мурофиавии гузаронидашуда қоидаҳои қисми 2 моддаи 58 ҳамин Кодекс татбиқ намегардад.
5. Агар суд мӯҳлати мурофиавии гузаронидашударо барқарор намояд, аз лаҳзаи супоридани таъинот дар хусуси барқарор намудани мӯҳлати мурофиавии гузаронидашуда дар давоми даҳ рӯз ба шахсе, ки мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунро гузаронидааст, имконият фароҳам оварда мешавад, ки амалҳои мурофиавии мӯҳлаташон гузаштаро анҷом диҳад.
6. Нисбат ба таъинот оид ба барқарор ё рад намудани барқарор кардани мӯҳлати мурофиавӣ шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
БОБИ 10. ХАБАРНОМА ВА ДАЪВАТИ СУДӢ
Моддаи 115. Хабарнома ва даъвати судӣ
1. Шахсони иштирокчии парванда, инчунин шоҳидон, коршиносони судӣ, мутахассисон ва тарҷумонҳо ба суд ба воситаи мактуби супоришӣ бо огоҳонидан оид ба супоридани он, ба воситаи даъвати судӣ бо огоҳонидан оид ба супоридани он, ба воситаи телефонограмма ё телеграмма, ба воситаи алоқаи факсималӣ ё бо воситаи дигари алоқа ва дастраскунӣ, ки супоридани хабарнома ва даъвати судӣ ва супоридани онро ба шахси қабулкунанда сабт мекунад, хабардор ё даъват карда мешаванд.
2. Ба шахсони иштирокчии парванда, инчунин намояндаҳо даъват бояд тарзе супурда шавад, ки онҳо барои саривақт ҳозир шудан ба суд ва омодагӣ ба парванда вақти кофӣ дошта бошанд, аммо хабарнома дар ҳар ҳолат на дертар аз се рӯз то оғози маҷлиси судӣ дастраси онҳо гардад.
3. Хабарномаи судӣ тибқи суроғаи зикрнамудаи тарафҳо ё дигар шахсони иштирокчии парванда расонида мешавад. Агар дар суроғаи ба суд иттилоъдодашуда шаҳрванд воқеан зиндагӣ накунад, даъват мумкин аст ба ҷои кори ӯ расонда шавад. Даъват ба суроғаи шахсони ҳуқуқӣ ба маҳалли ҷойгиршавии онҳо фиристода мешавад.
Моддаи 116. Мӯҳтавои хабарнома ва даъвати судӣ
1. Хабарнома ва даъвати судӣ бояд маълумотҳои зеринро дар бар гиранд:
- ном ва суроға, сомона, рақами телефон ва суроғаи почтаи электронии суд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930);
- маҳал ва вақти ҳозиршавӣ;
- номи парвандае, ки тибқи он даъват сурат гирифтааст;
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки ба ӯ хабарнома ё даъвати судӣ фиристода шудааст ва ба кадом сифат даъват ё хабардор карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- таклиф ба шахсони иштирокчии парванда дар бораи пешниҳоди ҳамаи далелҳои дар дастдоштаи онҳо оид ба парванда;
- ӯҳдадориҳои шахсе, ки хабарнома ё даъвати судиро аз сабаби набудани шахси қабулкунанда гирифтааст, ҷиҳати ба шахси қабулкунанда дар мӯҳлати кӯтоҳтарин супоридани он;
- огоҳонӣ оид ба оқибатҳои ҳозир нашудан ва ӯҳдадории ба суд иттилоъ додани сабабҳои ҳозир нашудан.
2. Ҳамзамон бо хабарнома ва даъвати судӣ ба ҷавобгар нусхаи аризаи даъвогӣ ва нусхаи ҳуҷҷатҳои ба ариза замимагардида фиристода мешаванд. Якҷоя бо хабарнома ё даъвати судие, ки ба унвони даъвогар фиристода шудааст, суд инчунин нусхаи баёноти хаттии ҷавобгар ва нусхаи ҳуҷҷатҳои ба он замимашударо, агар онҳо ба суд ворид шуда бошанд, мефиристад.
Моддаи 117. Расонидани хабарнома ва даъвати судӣ
1. Хабарнома ё даъвати судӣ ба воситаи почта ё ба воситаи дигар шахсоне, ки суд ба онҳо расонидани онҳоро супориш додааст, расонида мешавад. Вақти супурдани хабарнома ё даъвати судӣ ба шахси хабаршуда ё даъватшуда дар ҳошияи даъвати супурдашуда ё дар нусхаи дуюми хабарнома, ки бояд ба суд баргардонида шавад, сабт мегардад.
2. Суд метавонад бо розигии шахси иштирокчии парванда ба ӯ хабарнома ё даъвати судиро барои супоридан ба шахси дигари вобаста ба парванда хабаршаванда ё даъватшаванда диҳад. Шахсе, ки барои расонидани хабарнома ё даъват аз суд супориш гирифтааст, ӯҳдадор аст ба суд ҳошияи даъват ё нусхаи дуюми хабарномаро, ки қабулкунанда оид ба гирифтани даъват ё хабарнома имзо кардааст, баргардонад.
Моддаи 118. Супурдани (ирсоли) хабарнома ё даъвати судӣ
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930)
1. Ба шаҳрванд хабарнома ё даъвати судӣ шахсан бо гирифтани имзои ӯ дар ҳошияи даъват ё нусхаи дуюми хабарнома, ки бояд ба суд баргардонида шавад, супорида мешавад. Хабарнома ё даъвати судӣ ба унвонии ташкилот ба шахси мансабдори дахлдор, ки дар ҳошияи даъват ё нусхаи дуюми хабарнома имзо мегузорад, супурда мешавад.
2. Агар шахсе, ки бояд хабарнома ё даъвати судиро расонад, шаҳрванди вобаста ба парванда хабаршаванда ва ё даъватшавандаро дар маҳалли истиқомат ё ҷойи кори ӯ пайдо карда натавонад, пас хабарнома ё даъвати судиро ба яке аз аъзои болиғи оилаи ҳамроҳи ӯ истиқоматкунанда бо розигии ӯ ва ҳангоми набудани онҳо ба ташкилоти истифодаи манзилӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллии маҳалли истиқомати хабаршаванда ё даъватшаванда ё маъмурияти ҷойи кор супурда мешавад. Дар ҳолатҳои зикргардида шахсе, ки хабарнома ё даъвати судиро бояд расонад, ӯҳдадор аст дар ҳошияи даъват ё нусхаи дуюми он насаб, ном, номи падар, инчунин муносибати худро ба шахси хабаршаванда ё даъватшаванда (ҳамсар, падар, модар, писар, духтар ва ғайра) ё вазифаи ишғолнамудаашро зикр кунад ва дар мӯҳлати кӯтоҳтарин, бетаъхир онро ба шахси қабулкунанда супорад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
3. Ҳангоми муваққатан дар маҳалли истиқомат ва ҷои кор набудани шахси даъватшаванда ё хабаршаванда, шахсе, ки бояд даъват ё хабарномаро расонад, дар ҳошияи даъват ё нусхаи дуюми хабарнома бояд сабт кунад, ки шахси даъватшаванда ё хабаршаванда ба куҷо сафар кардааст ва дар кадом мӯҳлат баргаштанаш имконпазир мебошад. Ин маълумот бояд аз ҷониби ташкилоти истифодаи манзилӣ, мақоми худидоракунии маҳалии маҳалли истиқомат ё маъмурияти ҷойи кори шахси даъватшаванда ё хабаршаванда тасдиқ карда шавад.
4. Хабарнома ё даъвати судӣ ба шахсони иштирокчии парванда ва иштирокчиёни дигари мурофиаи судӣ ҳамчунин бо ҷойгир намудани он дар сомонаи суд ирсол мегардад. Ҳамзамон суд шахсони иштирокчии парванда ва иштирокчиёни дигари мурофиаи судиро оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ ва амалҳои алоҳидаи мурофиавӣ ба воситаи ирсоли телефонограмма, телеграмма, алоқаи факсимилӣ, почтаи электронӣ ва воситаҳои дигари алоқа хабардор менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
Моддаи 119. Оқибатҳои рад намудани қабули хабарнома ё даъвати судӣ
1. Ҳангоми аз ҷониби хабаршаванда ё даъватшаванда рад намудани қабули хабарнома ё даъват шахси расонандаи он дар хабарнома ё даъват оид ба рад намудани қабули хабарнома ё даъват аз ҷониби хабаршаванда ё даъватшаванда қайди дахлдор мегузорад, ки он ба суд баргардонида мешавад. Сабти рад намудани қабули хабарнома ё даъватро ташкилоти дахлдори истифодаи манзилӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллии маҳалли истиқомат ё маъмурияти ҷойи кори шахси даъватшаванда ё хабаршаванда тасдиқ менамоянд, агар хабарнома ё даъват барои расонидан ба онҳо супорида шуда бошад.
2. Шахсе, ки қабули даъват ё хабарномаро рад намудааст, оид ба вақт ва маҳалли муҳокимаи судӣ ё анҷом додани амалиёти алоҳидаи мурофиавӣ хабардоршуда ба ҳисоб меравад. Рад намудани қабули даъват ё хабарнома барои баррасии парванда монеъ намешавад.
Моддаи 120. Тағйирёбии суроға ҳангоми баррасии парванда
Шахсони иштирокчии парванда ӯҳдадоранд дар хусуси тағйирёбии суроғаи худ ҳангоми баррасии парванда судро огоҳ намоянд. Ҳангоми набудани чунин иттилоот даъват ё хабарнома тибқи суроғаи охирини барои суд маълум ирсол гардида, ҳарчанд шахси даъватшаванда ё хабаршаванда дар ин суроға минбаъд зиндагӣ накарда бошад ҳам, расонидашуда ба ҳисоб меравад.
Моддаи 121. Номаълум будани маҳалли истиқомати ҷавобгар
1. Ҳангоми номаълум будани маҳалли воқеии истиқомати ҷавобгар судя баъди баргаштани хабарнома ё даъвати судӣ, ки қабули онҳоро ташкилоти истифодаи манзилӣ ё мақомоти худидоракунии маҳаллии ҷойи охирини истиқомати ҷавобгар ё маъмурияти ҷойи кори охирини маълуми ҷавобгар тасдиқ намудаанд, оид ба ошкоро супоридани хабарнома ё даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда таъиноти судӣ қабул мекунад.
2. Дар таъинот оид ба ошкоро супоридани хабарнома ё даъват ва ҳуҷҷатҳои замимашуда маълумоти зайл бояд дарҷ гардад:
- номи суд, насаб, ном ва номи падари судяе, ки таъинотро қабул кардааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- сана ва маҳалли қабули таъинот;
- матни хабарнома ё даъват ва руйхати ҳуҷҷатҳои замимашуда;
- мӯҳлате, ки хабарнома ё даъват ва ҳуҷҷатҳои замимашуда ба ҷавобгар ба тариқи ошкоро супоридашуда эътироф мегардад.
3. Нусхаи ҳамин таъинот аз рӯзи қабул шуданаш бояд дар ҷойи эълонҳои судӣ насб ва дар сомонаи судҳо ҷойгир карда шавад. Хабарнома ё даъват ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда пас аз гузаштани як моҳ аз рӯзи дар ҷойи эълонҳои судӣ насб ва дар сомонаи судҳо ҷойгир кардани нусхаи таъинот дар бораи ошкоро супоридани хабарнома ё даъват ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда ба ҷавобгар ошкоро супоридашуда эътироф мегардад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
4. Суд баъд аз гузаштани як моҳ аз рӯзи дар ҷойи эълонҳо насб карда шудани таъинот оид ба ошкоро супоридани хабарнома ё даъват ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда парвандаи мадании мазкурро тибқи муқаррароти боби 22 ҳамин Кодекс баррасӣ ва ҳал менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 122. Кофтукови ҷавобгар
1. Ҳангоми номаълум будани маҳалли истиқомати ҷавобгар тибқи талаботе, ки барои ҳифзи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, инчунин мутобиқи талабот оид ба ситонидани алимент, рӯёнидани товони зараре, ки бо осеб ё дигар шакл ба саломатӣ расонида шудааст ё боиси фавти саробон гардидааст, суд ӯҳдадор аст дар бораи эълон намудани кофтукови ҷавобгар таъинот барорад.
2. Ситонидани хароҷоти кофтукови ҷавобгар дар асоси аризаи мақомоти ваколатдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи боби 11 ҳамин Кодекс бо роҳи қабули фармон анҷом дода мешавад.
ФАСЛИ II МУРОФИА ДАР СУДИ МАРҲИЛАИ ЯКУМ
ЗЕРФАСЛИ I. МУРОФИАИ ФАРМОНӢ
БОБИ 11. ФАРМОН
Моддаи 123. Фармон
Фармон ин санади судиест, ки дар асоси ариза оид ба ситонидани маблағҳои пулӣ ё талаб карда гирифтани молу мулки манқул аз қарздор тибқи талаботи пешбининамудаи моддаи 124 ҳамин Кодекс қабул карда мешавад.
Моддаи 124. Талаботе, ки дар асоси онҳо фармон қабул карда мешавад
Фармон дар ҳолатҳои зерин қабул карда мешавад, агар:
- талабот ба аҳдҳои ба таври нотариалӣ тасдиқгардида асос ёфта бошад;
- талабот ба аҳди дар шакли оддии хаттӣ басташуда асос ёфта бошад;
- талабот ба эътирози содирнамудаи нотариус нисбат ба вексел оид ба напардохтан, аксепт ва санагузорӣ нашудани аксепт асос ёфта бошад;
- талабот оид ба ситонидани алимент барои ноболиғон, ки ба муқаррар кардани падарӣ, баҳси падарӣ (модарӣ) ё зарурати ҷалби дигар шахсони манфиатдор ё ситонидани алимент ба тариқи устувор вобаста намебошад, пешниҳод шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- талабот оид ба ситонидани бақияпулӣ вобаста ба андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз шаҳрвандон пешниҳод шуда бошад;
- талабот оид ба ситонидани музди меҳнати ҳисобшуда, аммо ба корманд пардохтнашуда пешниҳод шуда бошад;
- талабот оид ба додани молу мулки манқул ба кредитор, ки ба ӯ ба сифати таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо пешниҳод шудааст, арз шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1559);
- талаботро мақомоти ваколатдор, иҷрочиёни мақомоти иҷро оид ба ситонидани хароҷоти вобаста ба кофтукови ҷавобгар ё қарздор ё молу мулки он ё кӯдаке, ки мутобиқи ҳалнома аз қарздор гирифта шудааст, хароҷот оид ба гузаронидани амалҳои иҷро, инчунин хароҷоти вобаста ба нигоҳдории молу мулки ба ҳабс гирифташудаи қарздор ё нигоҳдории молу мулки қарздоре, ки аз бинои ишғолнамудааш кӯчонида шудааст, пешниҳод шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1612, аз 18.03.2022 № 1855).
Моддаи 125. Пешниҳоди ариза дар бораи қабули фармон
1. Ариза дар хусуси қабули фармон тибқи қоидаҳои умумии тобеияти судии муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ба суд пешниҳод карда мешавад.
2. Барои пешниҳоди ариза дар бораи қабули фармон дар ҳаҷми панҷоҳ фоизи андозае, ки барои аризаи даъвогӣ бо қонун муқаррар шудааст, боҷи давлатӣ пардохта мешавад.
Моддаи 126. Шакл ва мазмуни ариза дар бораи қабули фармон
1. Ариза дар шакли хаттӣ ба суд пешниҳод карда мешавад.
2. Дар ариза бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд:
- номи суде, ки ба он ариза пешниҳод шудааст;
- насаб, ном ва номи падари ситонанда, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии он (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- насаб, ном ва номи падари қарздор, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии он (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- талаботи ситонанда ва ҳолатҳое, ки талабот ба онҳо асос ёфтааст;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи асоснокии талаботи ситонанда;
- номгӯи ҳуҷҷатҳои ба ариза замимашуда.
3. Ҳангоми талаб кардани молу мулки манқул дар ариза бояд тасвири аломатҳои фарқкунандаи молу мулки талабшаванда, ки барои ҳаммонандкунии он кифоя мебошад ва арзиши он зикр гардад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1559).
4. Аризаро ситонанда ё намояндаи ӯ, ки дорои ваколати дахлдор мебошад, имзо мегузорад. Ба аризаи пешниҳоднамудаи намоянда бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати ӯ замима гардад.
Моддаи 127. Асосҳо барои рад намудани қабул ва баргардонидани ариза дар бораи қабули фармон
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871)
1. Судя мутобиқи асосҳои пешбининамудаи моддаҳои 137 ва 138 ҳамин Кодекс метавонад аризаро дар барои қабули фармон баргардонад ё қабули онро рад намояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
2. Судя инчунин дар ҳолатҳои зайл қабули аризаро метавонад рад намояд, агар:
- талаботе пешниҳод шуда бошад, ки моддаи 124 ҳамин Кодекс пешбинӣ накарда бошад;
- маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии қарздор берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта бошад;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи талаботи пешниҳодшуда пешниҳод нагардида бошанд;
- аз ариза ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда муайян гардад, ки оид ба ҳуқуқ баҳс мавҷуд аст.
3. Судя дар хусуси рад намудани қабули ариза ё баргардонидани он дар давоми се рӯз аз рӯзи воридшавии ариза ба суд таъинот қабул карда, нусхаи онро дар мӯҳлати на дертар аз ду рӯз ба ситонанда ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
4. Ситонанда нисбат ба таъинот дар бораи рад намудани қабули ариза оид ба қабули фармон ё баргардонидани он дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи гирифтани нусхаи он метавонад шикояти хусусӣ пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
Моддаи 128. Беҳаракат монондани ариза дар бораи қабули фармон
1. Судя, агар муайян намояд, ки ариза ба суд бе риояи талаботи қисми 2 моддаи 125 ва моддаи 126 ҳамин Кодекс пешниҳод шудааст, дар хусуси беҳаракат монондани ариза таъинот қабул мекунад ва дар ин хусус шахси пешниҳоднамудаи аризаро огоҳ намуда, ба ӯ барои ислоҳи норасоиҳо панҷ рӯз мӯҳлат медиҳад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
2. Агар аризадиҳанда дар мӯҳлати муқарраршуда супориши судяро, ки дар таъинот номбар шудааст, иҷро кунад, ариза аз рӯзи пешниҳоди ибтидоии он ба суд пешниҳодшуда эътироф мегардад. Дар акси ҳол ариза пешниҳодшуда ба ҳисоб намеравад ва бо ҳамаи ҳуҷҷатҳои ба ариза замимагардида ба аризадиҳанда баргардонида мешавад.
3. Нисбат ба таъинот дар бораи беҳаракат монондани ариза дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи гирифтани нусхаи он ситонанда метавонад шикояти хусусӣ пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
Моддаи 129. Тартиби қабули фармон
1. Фармон оид ба моҳияти талаботи пешниҳодшуда дар мӯҳлати се рӯз аз рӯзи воридшавии ариза ба суд, дар сурати беҳаракат монондани ариза бошад, пас аз ислоҳи норасоиҳо дар ҳамин мӯҳлат қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
2. Фармон бе муҳокимаи судӣ ва бе даъвати тарафҳо барои шунидани баёноти онҳо қабул карда мешавад.
Моддаи 130. Мӯҳтавои фармон
1. Дар фармон маълумотҳои зерин зикр мегарданд:
- рақами парванда ва санаи қабули фармон;
- номи суд, насаб, ном ва номи падари судяе, ки фармон қабул кардааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- насаб, ном, номи падар, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии ситонанда (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- насаб, ном, номи падар, рӯз, моҳ, сол ва маҳалли таваллуд, маҳалли истиқомат, ҷойи кор ё маҳалли ҷойгиршавии қарздор (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1474);
- номи қонуне, ки дар асоси он талабот қонеъ гардонида мешавад;
- ҳаҷми маблағе, ки бояд ситонида шавад ё ишора ба молу мулки манқули талаб карда гирифташаванда, ки барои ҳаммонандкунии он кифоя мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1559);
- ҳаҷми ноустуворона, агар ситонидани он мутобиқи қонун ё шартнома пешбинӣ шуда бошад, инчунин ҳаҷми пеня, агар он ситонида шавад;
- маблағи боҷи давлатие, ки бояд аз қарздор ба манфиати ситонанда ё ба буҷети дахлдор ситонида шавад.
2. Дар фармон оид ба ситонидани алимент барои ноболиғон ба ғайр аз маълумоти пешбининамудаи сархатҳои якум, дуюм, сеюм, чорум ва панҷуми қисми 1 ҳамин модда, инчунин насаб, ном, номи падар ва санаи таваллуди ҳар як кӯдаке, ки барои таъмини онҳо алимент ситонида мешавад, ҳаҷми пардохтҳое, ки ҳар моҳ аз қарздор ситонида мешавад ва мӯҳлати ситонидани онҳо зикр мегарданд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871, аз 2.01.2018 № 1474).
3. Фармон дар бланки расмӣ дар нусхаи аслӣ ва нусхаҳо мутаносибан ба теъдоди ситонандаҳо ва қарздорон тартиб дода шуда, ба он судя имзо мегузорад ва он бо мӯҳри нишондори суд тасдиқ карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
Моддаи 131. Огоҳ намудани қарздор дар хусуси қабули фармон
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1559)
1. Судя фармонро на дертар аз як рӯз пас аз қабул кардани он ба қарздор мефиристад. Қарздор ҳуқуқ дорад дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи гирифтани фармон оид ба он норозигии худро дар шакли хаттӣ ба суд пешниҳод кунад.
2. Аз рӯи фармонҳо дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқуле, ки ҳамчун таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо ба ӯ дода шудааст, судя на дертар аз як рӯз пас аз қабул кардани фармон ба қарздор онро барои иҷро мефиристад. Қарздор ҳуқуқ дорад дар мӯҳлати даҳ рӯз пас аз гирифтани фармон ба суд бо даъво оид ба мавриди баҳс қарор додани рӯёнидан муроҷиат намояд.
3. Ҳангоми дар мӯҳлати муқарраршуда бо даъво оид ба мавриди баҳс қарор додани рӯёнидан муроҷиат накардани қарздор, фармон дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқуле, ки ҳамчун таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо ба ӯ дода шудааст, мавриди иҷрои фаврӣ қарор мегирад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1559).
Моддаи 132. Бекор кардани фармон
1. Агар аз қарздор дар мӯҳлати муқаррарнамудаи моддаи 131 хамин Кодекс норозигӣ оид ба иҷрои фармон ворид гардад, судя фармонро бо қабули таъинот бекор мекунад.
2. Судя дар таъиноти бекор кардани фармон ба ситонанда тавзеҳ медиҳад, ки талаботи пешниҳодшуда мумкин аст тибқи тартиби мурофиаи даъвоӣ пешниҳод карда шавад.
3. Нусхаи таъинот оид ба бекор кардани фармон дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи баъди қабули он ба тарафҳо фиристода мешавад.
4. Фармон дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқуле, ки ҳамчун таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо ба ӯ дода шудааст, танҳо дар асоси муроҷиати қарздор ба суд бо даъво оид ба мавриди баҳс қарор додани рӯёнидан бекор карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1559).
Моддаи 133. Ба ситонанда супоридани фармон
1. Агар дар мӯҳлати муқарраргардида аз қарздор ба суд норозигӣ ворид нагардад, судя ба ситонанда фармонро, ки бо мӯҳри нишондори суд тасдиқ гардидааст, ҷиҳати пешниҳод барои иҷро месупорад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1559).
2. Ҳангоми аз қарздор ба манфиати буҷети дахлдор ситонидани боҷи давлатӣ дар асоси фармон варақаи иҷро дода мешавад, ки он бо мӯҳри нишондори суд тасдиқ гардида, аз тарафи суд барои иҷро дар ҳамин қисм ба иҷрочии маҷомоти иҷро супорида мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1612).
3. Судя фармонро дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқуле, ки ба ӯ ба сифати таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо дода шудааст, на дертар аз як рӯз пас аз қабул кардани он ба кредитор месупорад. Фармон бо мӯҳри нишондори суд тасдиқ карда шуда, бо риояи қисми 3 моддаи 131 ҳамин Кодекс мавриди иҷрои фаврӣ қарор мегирад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1559).
ЗЕРФАСЛИ II. МУРОФИАИ ДАЪВОГӢ
БОБИ 12. ПЕШНИҲОДИ ДАЪВО
Моддаи 134. Шакл ва мазмуни аризаи даъвогӣ
1. Аризаи даъвогӣ ба суд дар шакли хаттӣ пешниҳод карда мешавад. Аризаи даъвогӣ мумкин аст ба судҳо дар шакли электронӣ тавассути ҷойгир намудани он дар сомонаи судҳо пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
2. Дар аризаи даъвогӣ бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд:
- номи суде, ки ба он ариза пешниҳод карда мешавад;
- насаб, ном ва номи падари даъвогар, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии он, инчунин ном, номи падар ва фамилияи намоянда ва суроғаи он, агар аризаро намоянда пешниҳод карда бошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- насаб, ном ва номи падари ҷавобгар, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии он (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- моҳияти вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии даъвогар ё таҳдид ба он аз чӣ иборатанд ва талаботи даъвогар;
- ҳолатҳое, ки даъвогар талаботи худро асоснок месозад ва далелҳое, ки ин ҳолатҳоро тасдиқ мекунанд;
- нархи даъво, агар даъво нарх дошта бошад, инчунин ҳисоби маблағҳои ситонидашаванда ё баҳснок;
- номгӯи ҳуҷҷатҳои ба ариза замимагардида.
3. Дар аризаи даъвогӣ метавонад рақами телефонҳо, факсҳо, суроғаҳои почтаи электронии даъвогар, намояндаи ӯ, ҷавобгар, дигар маълумоте, ки барои баррасӣ ва ҳалли парванда аҳамият доранд, зикр гардида, инчунин дархости даъвогар дарҷ гардад.
4. Дар аризаи даъвогӣ, ки прокурор оид ба ҳифзи манфиатҳои давлат ё ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии гурӯҳи номуайяни шахсон пешниҳод намудааст, бояд зикр гардад, ки манфиатҳои онҳо ба таври мушаххас аз чӣ иборатанд, кадом ҳуқуқҳо вайрон карда шудаанд, инчунин истинод ба қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар бар гирад, ки тартиби ҳифзи манфиати давлат ё гурӯҳи номуайяни шахсонро пешбинӣ менамояд.
5. Ҳангоми муроҷиати прокурор ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар ариза бояд имконнопазирии аз ҷониби худи шаҳрванд пешниҳод намудани даъво асоснок карда шавад.
6. Аризаи даъвогиро даъвогар ё намояндаи ӯ, ки барои имзои ариза ва пешниҳоди он ба суд ваколатдор мебошад, имзо мекунад. Агар даъвогар шахси ҳуқуқӣ бошад, имзо бо мӯҳри шахси ҳуқуқӣ тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 135. Ҳуҷҷатҳое, ки ба аризаи даъвогӣ замима карда мешаванд
Ба аризаи даъвогӣ ҳуҷҷатҳои зерин замима мегарданд:
- нусхаи аризаи даъвогӣ мутаносибан ба теъдоди ҷавобгарон ва шахсони сеюм;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷи давлатӣ;
- ваколатнома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати намояндаи даъвогар;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳолатҳое, ки даъвогар талабҳои худро асоснок менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1559);
- ҳисоби маблағҳои ситонидашаванда ё баҳсноке, ки аз ҷониби даъвогар, намояндаи ӯ имзо шудаанд, бо нусхаҳо мутаносибан ба теъдоди ҷавобгарон ва шахсони сеюм.
Моддаи 136. Қабули аризаи даъвогӣ
Судя ӯҳдадор аст дар давоми се рӯз аз рӯзи ворид гардидани аризаи даъвогӣ ба суд масъалаи ба мурофиаи суд қабул намудани аризаи даъвогиро баррасӣ кунад. Дар хусуси қабули аризаи даъвогӣ судя таъинот қабул мекунад, ки мутобиқи он баррасии парвандаи маданӣ дар суди марҳилаи якум оғоз мегардад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 137. Рад намудани қабули аризаи даъвогӣ
1. Судя дар ҳолатҳои зерин қабули аризаи даъвогиро рад мекунад, агар:
- ариза наметавонад тибқи тартиби мурофиаи судии маданӣ баррасӣ ва ҳал гардад, агар он бояд тибқи тартиби суди дигар баррасӣ ва ҳал карда шавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022);
- ариза ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии дигар шахс аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахси ҳуқуқӣ ё шаҳрванде пешниҳод гардида бошад, ки мутобиқи ҳамин Кодекс ё дигар қонунҳо ба онҳо чунин ҳуқуқ дода нашудааст;
- ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд вобаста ба баҳси байни ҳамин тарафҳо, дар ҳамон мавзӯъ, тибқи ҳамон асос ё таъинот дар хусуси қатъи баррасии парванда вобаста ба қабули аризаи даст кашидани даъвогар аз даъво ё тасдиқи созиши оштӣ мавҷуд бошанд;
- ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдонамудаи суди ҳакамӣ вобаста ба баҳси байни ҳамин тарафҳо, дар ҳамин мавзӯъ, тибқи ҳамин асос мавҷуд бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар суд додани варақаи иҷроро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ рад карда бошад.
2. Дар хусуси рад намудани қабули аризаи даъвогӣ судя таъиноти асоснок қабул мекунад, ки он дар мӯҳлати на дертар аз панҷ рӯз аз рӯзи ба суд ворид шудани аризаи даъвогӣ ба аризадиҳанда якҷоя бо ариза ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои замимагардида супорида ё фиристонида мешавад.
3. Баъд аз рад намудани қабули аризаи даъвогӣ аризадиҳанда наметавонад ба суд вобаста ба ҳамин баҳс, нисбат ба ҳамин ҷавобгар, оид ба ҳамин мавзӯъ ва тибқи ҳамин асосҳо такроран муроҷиат намояд.
4. Нисбат ба таъинот дар бораи рад намудани қабули аризаи даъвогӣ шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
Моддаи 138. Баргардонидани аризаи даъвогӣ
1. Судя аризаи даъвогиро дар ҳолатҳои зерин бармегардонад, агар:
- аз ҷониби даъвогар (аризадиҳанда) тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ оиди бо роҳи ғайрисудӣ ҳал намудани баҳс (ариза) риоя нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- аризаи даъвогӣ таҳти тобеияти судии ҳамин суд набошад;
- аризаи даъвогиро шахси ғайри қобили амал пешниҳод карда бошад;
- аризаи даъвогиро шахсе имзо карда бошад, ки барои имзо ва ба суд пешниҳод кардани он ҳуқуқ надорад;
- дар баррасии ҳамин суд ё суди дигар парванда вобаста ба баҳси ҳамин тарафҳо, оид ба ҳамин мавзӯъ ва тибқи ҳамин асосҳо мавҷуд бошад.
2. Дар бораи баргардонидани аризаи даъвогӣ судя таъиноти асоснок қабул мекунад ва дар он зикр мегардад, ки, агар парванда таҳти тобеияти ҳамин суд набошад, аризадиҳанда бояд ба кадом суд муроҷиат кунад ё чӣ тавр ҳолатҳоеро, ки ба оғози парванда монеа шудаанд, бартараф намояд. Таъинот бояд дар мӯҳлати се рӯз аз рӯзи ба суд ворид шудани ариза қабул карда шуда, ба аризадиҳанда якҷоя бо ариза ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои ба ариза замимагардида фиристонида шавад.
3. Баргардонидани аризаи даъвогӣ барои муроҷиати такрории даъвогар ба суд вобаста ба ҳамин даъво нисбат ба ҷавобгар, оид ба ҳамин мавзӯъ ва тибқи ҳамин асосҳо монеа шуда наметавонад, агар аризадиҳанда норасоиҳои ҷойдоштаро бартараф намояд.
4. Нисбат ба таъинот дар хусуси баргардонидани аризаи даъвогӣ шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
Моддаи 139. Беҳаракат монондани аризаи даъвогӣ
1. Агар судя, муайян намояд, ки аризаи даъвогӣ ба суд бе риояи талаботи моддаҳои 134 ва 135 Кодекси мазкур пешниҳод шудааст, оид ба беҳаракат монондани ариза таъинот қабул мекунад ва ба аризадиҳанда барои ислоҳи норасоиҳо мӯҳлат медиҳад. Нусхаи таъиноти мазкур дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи қабул гардиданаш ба аризадиҳанда супорида мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1167).
2. Агар аризадиҳанда дар мӯҳлати муқарраршуда норасоиҳои дар таъинот номбаршударо ислоҳ кунад, аризаи даъвогӣ аз рӯзи пешниҳоди ибтидоии он ба суд пешниҳодшуда эътироф мегардад. Дар акси ҳол аризаи даъвогӣ пешниҳодшуда ба ҳисоб намеравад ва ба аризадиҳанда бо ҳамаи ҳуҷҷатҳои ба ариза замимагардида баргардонида мешавад.
3. Нисбати таъинот оид ба беҳаракат монондани аризаи даъвогӣ шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
Моддаи 140. Пешниҳоди аризаи даъвогии муқобили даъво
Ҷавобгар ҳуқуқ дорад ба суд то оғози муҳокимаи судӣ нисбат ба даъвогар аризаи даъвогии муқобили даъво пешниҳод кунад, ки он якҷоя бо аризаи даъвогии ибтидоӣ баррасӣ карда мешавад. Пешниҳоди аризаи даъвогии муқобили даъво тибқи қоидаҳои умумии пешниҳоди аризаи даъвогӣ сурат мегирад.
Моддаи 141. Шартҳои қабули аризаи даъвогии муқобили даъво
Судя дар ҳолатҳои зерин аризаи даъвогии муқобили даъворо қабул мекунад, агар:
- байни аризаи даъвогии муқобили даъво ва аризаи даъвогии ибтидоӣ вобастагии мутақобила мавҷуд бошад ва баррасии якҷояи онҳо барои саривақт ва дуруст баррасӣ намудани баҳсҳо мусоидат намояд;
- қонеъгардонии аризаи даъвогии муқобили даъво қонеъгардонии аризаи даъвогии ибтидоиро пурра ё қисман истисно намояд.
БОБИ 13. ТАЪМИНИ ДАЪВО
Моддаи 142. Асосҳои таъмини даъво
Судя ҳуқуқ дорад тибқи аризаи шахсони иштирокчии парванда барои таъмини даъво тадбирҳо андешад. Таъмини даъво дар ҳама марҳилаҳои баррасии парванда имконпазир аст, агар наандешидани чунин тадбирҳо иҷрои ҳалномаро мушкил ё ғайриимкон гардонад. Чунин ариза мумкин аст ба суд дар шакли электронӣ бо ҷойгир намудани он дар сомонаи суд пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
Моддаи 143. Тадбирҳо оид ба таъмини даъво
1. Тадбирҳо оид ба таъмини даъво инҳо мебошанд:
- ҳабси молу мулке, ки ба ҷавобгар мансуб аст;
- манъ намудани анҷом додани амалҳои муайяни ҷавобгар;
- манъ намудани анҷом додани амали муайяни дигар шахсон вобаста ба мавзӯи баҳс, аз ҷумла ба ҷавобгар додани молу мулк ё нисбат ба ӯ анҷом додани дигар ӯҳдадориҳо;
- боздоштани фурӯши молу мулк ҳангоми пешниҳоди даъво барои аз ҳабс озод кардани молу мулк (хориҷ намудан аз рӯйхат);
- боздоштани ситонидан дар асоси ҳуҷҷати иҷро, ки қарздор тибқи тартиби судӣ мавриди баҳс қарор додааст.
2. Судя ҳангоми зарурат метавонад оид ба таъмини даъво тадбирҳои дигаре андешад, ки ҷавобгӯи талаботи моддаи 142 ҳамин Кодекс бошад. Судя метавонад якчанд навъи таъмини даъворо иҷозат диҳад.
3. Ҳабси молу мулки ташкилот, шаҳрванд - соҳибкори инфиродӣ ҳангоми таъмини даъво бо тартиби зайл анҷом дода мешавад:
- дар навбати аввал - нисбат ба молу мулки ҷавобгар, ки бевосита дар истеҳсолот истифода намешавад: коғазҳои қиматнок, воситаҳои пулӣ дар ҳисобномаҳои ҷавобгар, арзишҳои асъорӣ, мошини сабукрав, ашёи ороишии (дизайни) офисҳо ва ғайра;
- дар навбати дуюм - нисбат ба маҳсулоти (моли) тайёр, инчунин дигар арзишҳои моддие, ки дар истеҳсолот истифода намешаванд ва барои истифодаи бевосита дар истеҳсолот пешбинӣ нашудаанд;
- дар навбати сеюм - нисбат ба объектҳои молу мулки ғайриманқул, инчунин ашё, мавод, дастгоҳ, таҷҳизот ва дигар воситаҳои асосие, ки барои истифодаи бевосита дар истеҳсолот таъин гардидаанд;
- дар навбати чорум - нисбат ба молу мулке, ки ба дигар шахсон дода шудаанд.
4. Ҳангоми вайрон кардани қоидаҳои дар сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 ҳамин модда зикргардида шахсони гунаҳкор ба андозаи то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ карда мешаванд. Ғайр аз ин даъвогар ҳуқуқ дорад тибқи тартиби судӣ аз ин шахсон ҷуброни зиёнеро, ки вобаста ба иҷро накардани таъинот ҷиҳати таъмини даъво расонида шудааст, талаб намояд.
5. Тадбирҳо оид ба таъмини даъво бояд ба талаботи пешниҳоднамудаи даъвогар мутаносиб бошанд.
6. Дар бораи тадбирҳои андешидашуда барои таъмини даъво вобаста ба навъи онҳо судя ё суд мақоми дахлдори давлатиро, ки молу мулк ё ҳуқуқ ба онро ба қайд мегиранд, огоҳ месозад, даъвогар бошад, огоҳиномаи гарави дахлдорро дар Феҳристи ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои таъминшуда ба қайд мегирад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1559).
Моддаи 144. Баррасии ариза оид ба таъмини даъво
Ариза оид ба таъмини даъво дар рӯзи ворид шудани он ба суд бе огоҳ намудани ҷавобгар ва дигар шахсони иштирокчии парванда баррасӣ мегардад. Дар бораи тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати таъмини даъво суд таъинот қабул мекунад.
Моддаи 145. Иҷрои таъинот дар бораи таъмини даъво
1. Таъинот дар бораи таъмини даъво тибқи тартибе, ки барои иҷрои санадҳои судӣ муқаррар шудааст, фавран иҷро карда мешавад.
2. Дар асоси таъинот оид ба таъмини даъво суд варақаи иҷро медиҳад.
Моддаи 146. Иваз кардани як навъи таъмини даъво ба навъи дигар
1. Бо дархости шахси иштирокчии парванда як навъи таъмини даъворо ба навъи дигар иваз кардан мумкин аст.
2. Масъалаи иваз кардани як навъи таъмини даъво ба навъи дигар тибқи талаботи моддаи 144 ҳамин Кодекс аз ҷониби судя ҳал карда мешавад.
3. Ҳангоми таъмини даъво оид ба ситонидани маблағҳои пулӣ ҷавобгар ҳуқуқ дорад бар ивази тадбирҳои андешидаи судя барои таъмини даъво ба депозити суд маблағи талабнамудаи даъвогарро гузаронад (Қонуни ҶТ аз  2.01.2018 № 1474).
Моддаи 147. Бекор кардани таъмини даъво
1. Таъмини даъво мумкин аст аз ҷониби ҳамон судя дар асоси аризаи ҷавобгар бекор карда шавад.
2. Масъалаи бекор кардани таъмини даъво дар маҷлиси судӣ ҳал карда мешавад. Шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли баргузории маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои баррасии масъалаи бекор кардани таъмини даъво монеа шуда наметавонад.
3. Ҳангоми рад намудани даъво тадбирҳои андешидашудаи таъмини даъво то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома амал мекунанд. Аммо судя метавонад ҳамзамон бо қабули ҳалнома ё баъди қабули он дар бораи бекор кардани таъмини даъво таъинот қабул намояд. Ҳангоми қонеъгардонии даъво тадбирҳои андешидашуда барои таъмини он то иҷрои ҳалнома эътибори худро нигоҳ медоранд.
Моддаи 148. Шикояти хусусӣ нисбати таъинот оид ба таъмини даъво
1. Нисбати ҳамаи таъинот оид ба таъмини даъво шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
2. Агар таъинот оид ба таъмини даъво бе огоҳонии шахси шикоятнамуда қабул карда шуда бошад, мӯҳлати пешниҳоди ариза аз рӯзе ба ҳисоб гирифта мешавад, ки ӯ дар хусуси ин таъинот огоҳ гардидааст.
3. Пешниҳоди шикояти хусусӣ нисбати таъинот ҷиҳати таъмини даъво иҷрои ин таъинотро боз намедорад.
4. Пешниҳоди шикояти хусусӣ нисбати таъинот дар мавриди бекор кардани таъмини даъво ё иваз намудани як навъи таъмини даъво ба навъи дигар иҷрои таъинотро бозмедорад.
Моддаи 149. Тадбирҳои таъминоти пешакӣ ва ҷуброн намудани зарари вобаста ба таъмини даъво
1. То пешниҳоди даъво суд нисбат ба аризаи шахс метавонад тадбирҳои таъминоти пешакиро, ки ба манфиати молу мулки аризадиҳанда равона шудааст, андешад.
2. Суд тадбирҳои таъминоти пешакиро мутобиқи қоидаҳое, ки дар ҳамин боб пешбинӣ шудааст, меандешад.
3. Ариза оид ба андешидани тадбирҳои таъминоти пешакӣ ба суди маҳалли ҷойгиршавии ҷавобгар ё маҳалли ҷойгиршавии маблағи пулӣ ё дигар молу мулк, ки нисбати онҳо аризадиҳанда оид ба андешидани тадбирҳои таъминоти пешакӣ дархост изҳор намудааст ё ба суди маҳалле, ки дар он ҷо ҳуқуқи аризадиҳанда вайрон гардидааст, пешниҳод карда мешавад. Чунин ариза мумкин аст ба суд дар шакли электронӣ бо ҷойгир намудани он дар сомонаи суд пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
4. Ҳангоми пешниҳоди ариза оид ба тадбирҳои таъминоти пешакӣ аризадиҳанда ба суд ба андозаи дар аризаи таъминоти манфиати молу мулки зикршуда дар бораи анҷом додани таъминоти муқобил ҳуҷҷати тасдиқкунанда пешниҳод мекунад.
5. Дар мавриди пешниҳод накардани ин ҳуҷҷат суд аризаро оид ба андешидани тадбирҳои таъминоти пешакӣ тибқи моддаи 139 ҳамин Кодекс беҳаракат мегузорад.
6. Дар бораи тадбирҳои таъминоти пешакӣ суд таъинот қабул менамояд. Суд дар таъинот барои аризадиҳанда ҷиҳати пешниҳод намудани аризаи даъвогӣ аз рӯи талабот, ки оид ба он суд ҷиҳати таъминоти манфиатҳои молу мулкии аризадиҳанда тадбирҳо андешидааст, на бештар аз чордаҳ рӯз аз лаҳзаи қабул намудани таъинот муқаррар менамояд.
7. Аризадиҳанда аризаи даъвогиро ба суде, ки таъинот оид ба тадбирҳои таъминоти пешакӣ қабул кардааст ё дигар суд тибқи қоидаҳои тобеияти идоравӣ ва тобеияти судие, ки ҳамин Кодекс муайян кардааст, пешниҳод менамояд ва дар ин бора аризадиҳанда ба суде, ки таъиноти мазкурро қабул кардааст, хабар медиҳад.
8. Агар аризадиҳанда аризаи даъвогиро дар мӯҳлати дар таъинот оид ба тадбирҳои таъминоти пешакӣ муқарраргардида пешниҳод накунад, таъминот бо таъиноти ҳамин суд бекор карда мешавад.
9. Нусхаҳои таъинот ба аризадиҳанда ва дигар шахсони манфиатдор на дертар аз рӯзи дигари қабул намудани таъинот фиристода мешаванд.
10. Дар мавриди аз ҷониби аризадиҳанда пешниҳод шудани аризаи даъвогӣ аз рӯи талабот, ки оид ба он суд тадбирҳои таъминоти пешакӣ қабул кардааст, ин тадбирҳо чун тадбирҳои таъминоти даъво эътироф мешаванд.
11. Шахсе, ки ба ӯ дар натиҷаи андешидани тадбирҳои таъминоти пешакӣ то пешниҳоди даъво зарар расонида шуда бошад, метавонад аз аризадиҳанда ҷуброни зарарро дар ҳолатҳои зерин талаб кунад, агар:
- аризадиҳанда дар мӯҳлати муқарраркардаи суд аризаи даъвогиро аз рӯи талабот пешниҳод накарда бошад ва вобаста ба он суд оид ба таъмини манфиатҳои молу мулкии ӯ тадбирҳо андешида бошад;
- бо санади судии эътибори қонунӣ пайдокарда даъво рад карда шуда бошад.
12. Баҳсҳо дар бораи ҷуброни зарар бо тарзи пешниҳод намудани даъво бо тартиби умумӣ баррасӣ мегарданд.
БОБИ 14. ОМОДАСОЗИИ ПАРВАНДА БА МУҲОКИМАИ СУДӢ
Моддаи 150. Таъинот дар хусуси омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ
1. Судя баъди қабули ариза ҷиҳати омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ таъинот қабул мекунад ва амалеро, ки тарафҳо, шахсони дигари иштирокчии парванда бояд анҷом диҳанд, мӯҳлати иҷрои ин амалҳоро барои таъмини баррасии саривақтии парванда ва ҳалли дурусти он зикр менамояд.
2. Омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ нисбат ба ҳар як парвандаи маданӣ ҳатмӣ буда, аз ҷониби судя бо иштироки шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 151. Вазифаҳои омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ
Вазифаҳои омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ аз инҳо иборат мебошанд:
- муайян намудани қонуне, ки бояд ҳангоми ҳалли парванда ва муқаррар намудани муносибатҳои ҳуқуқии тарафҳо ба роҳбарӣ гирифта шавад;
- аниқ намудани ҳолатҳои воқеие, ки барои ҳалли дурусти парванда аҳамият доранд;
- ҳалли масъалаҳо оид ба ҳайати шахсони иштирокчии парванда ва дигар иштирокчиёни мурофиа;
- пешниҳоди далелҳои зарурӣ аз ҷониби тарафҳо ва дигар шахсони иштирокчии парванда;
- оштии тарафҳо.
Моддаи 152. Амали тарафҳо ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ
1. Ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ даъвогар ё намояндаи вай амалҳои зеринро иҷро менамояд:
- ба ҷавобгар талаботи даъворо изҳор намуда, асосҳои ин талаботро баён мекунад;
- ба ҷавобгар нусхаи далелҳоеро, ки ҳолатҳои асосноккунандаи талаботро тасдиқ менамоянд, месупорад;
- ба судя оид ба талаб карда гирифтани далелҳое, ки ӯ наметавонад мустақилона, бе кӯмаки суд ба даст оварад, дархост пешниҳод менамояд.
2. Ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ ҷавобгар ё намояндаи вай амалҳои зеринро иҷро менамояд:
- талаботи даъвои даъвогар ва асосҳои ин талаботро аниқ месозад;
- ба даъвогар ва судя дар шакли хаттӣ оид ба талаботи даъво норозигӣ пешниҳод мекунад;
- ба даъвогар ва судя далелҳоеро, ки норозигии ӯро вобаста ба даъво асоснок мекунанд, месупорад;
- ба судя дар хусуси талаб карда гирифтани далелҳое, ки ӯ наметавонад мустақилона, бе кӯмаки суд ба даст оварад, дархост пешниҳод менамояд.
Моддаи 153. Амали судя ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ
1. Судя ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ амалҳои зеринро иҷро менамояд:
- даъвогарро оид ба моҳияти талаботи пешниҳоднамудааш пурсида, агар зарур бошад, ба он пешниҳод мекунад, ки дар мӯҳлатҳои муайян далелҳои иловагиро ба суд супорад;
- ҷавобгарро оид ба ҳолатҳои парванда пурсида, муайян менамояд, ки муқобили даъво кадом норозигиҳо мавҷуданд ва бо кадом далелҳо ин норозигиҳоро метавон тасдиқ намуд, ба тарафҳо ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мурофиавиашонро тавзеҳ медиҳад;
- масъалаи ба парванда ҳамроҳ шудани ҳамдаъвогарон, ҳамҷавобгарон ва шахсони сеюмро, ки ба мавзӯи баҳс талаботи мустақил надоранд, инчунин масъалаҳои иваз намудани ҷавобгари номуносиб, якҷоя ё ҷудо кардани талаботи даъворо ҳал менамояд;
- барои аз ҷониби тарафҳо бастани созиши оштӣ тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқи онҳоро барои муроҷиат ҷиҳати ҳалли баҳсҳо ба суди ҳакамӣ ва оқибатҳои чунин амал тавзеҳ медиҳад;
- оид ба вақт ва маҳалли баррасии парванда шаҳрвандон ё ташкилотҳои ба натиҷаи он манфиатдорро огоҳ месозад;
- масъалаҳои даъвати шоҳидонро ҳал мекунад;
- экспертиза ва барои гузаронидани он коршиноси судиро таъин намуда, инчунин масъалаҳои ба мурофиа ҷалб намудани мутахассис ва тарҷумонро ҳал мекунад;
- бо дархости тарафҳо, дигар шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо аз ташкилот ва шаҳрвандон далелҳоеро, ки тарафҳо ё намояндагони онҳо наметавонанд мустақилона ба даст оранд, талаб карда мегирад;
- дар ҳолатҳои таъхирнопазир бо огоҳонидани шахсони иштирокчии парванда дар маҳалли ҷойгиршавӣ далелҳои хаттӣ ва шайъиро аз назар мегузаронад;
- супоришҳои судиро мефиристад;
- оид ба таъмини даъво тадбирҳо меандешад;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 155 ҳамин Кодекс масъалаи баргузории маҷлиси пешакии судӣ, вақт ва маҳалли баргузории онро ҳал менамояд;
- дигар амалҳои зарурии мурофиавиро анҷом медиҳад.
2. Судя ба ҷавобгар нусхаи ариза ва ҳуҷҷатҳои замимагардидаро, ки талаботи даъвогарро асоснок мекунанд, месупорад ё мефиристад ва тавсия медиҳад, ки дар мӯҳлати муқаррарнамудаи он барои асоснок намудани норозигии худ далелҳоро пешниҳод кунад. Судя тавзеҳ медиҳад, ки аз ҷониби ҷавобгар дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи суд пешниҳод накардани далелҳо ва норозигӣ барои баррасии парванда дар асоси далелҳои мавҷуда монеа шуда наметавонад.
3. Дар сурати мунтазам мухолифат намудани тараф ба омодасозии саривақтии парванда ба муҳокимаи судӣ судя метавонад барои сарфи воқеии вақт ба манфиати тарафи дигар мутобиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи моддаи 101 ҳамин Кодекс ҷубронпулӣ ситонад.
Моддаи 154. Якҷоя ё ҷудо намудани якчанд талаботи даъво
1. Даъвогар ҳуқуқ дорад дар як аризаи даъвогӣ якчанд талаботи даъвои ба ҳам алоқамандро якҷоя кунад.
2. Судя, агар эътироф намояд, ки баррасии ҷудогонаи талаботи даъво мувофиқи мақсад мебошад, як ё якчанд талаботи даъвои якҷояшударо ба мурофиаи алоҳида ҷудо мекунад.
3. Ҳангоми пешниҳоди талаботи даъво аз ҷониби якчанд даъвогар ё нисбат ба якчанд ҷавобгар судя ҳуқуқ дорад як ё якчанд талаботи даъворо ба мурофиаи алоҳида ҷудо кунад, агар эътироф намояд, ки чунин ҷудокунӣ мувофиқи мақсад буда, барои дуруст ва саривақт баррасӣ ва ҳал кардани парванда мусоидат мекунад.
4. Судя, агар муайян намояд, ки дар баррасии ҳамин суд якчанд парвандаҳои ба ҳам монанд бо иштироки ҳамин тарафҳо ё якчанд парванда оид ба даъвои як даъвогар нисбат ба ҷавобгарони гуногун ё якчанд даъвогарон нисбат ба ҳамин як ҷавобгар мавҷуд мебошад, ҳуқуқ дорад бо дарназардошти фикри тарафҳо ин парвандаҳоро барои якҷоя баррасӣ ва ҳал намудан дар як мурофиа якҷоя намояд, агар эътироф кунад, ки чунин якҷоя намудан барои дуруст ва саривақт баррасӣ ва ҳал кардани парванда мусоидат мекунад.
5. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 2, 3 ва 4 ҳамин модда судя таъинот қабул мекунад.
Моддаи 155. Маҷлиси пешакии судӣ
1. Мақсади маҷлиси пешакии судӣ аз таҳкими мурофиавии амалҳои амрии тарафҳо, ки ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ анҷом дода шудаанд, муайян намудани ҳолатҳои барои баррасии дуруст ва ҳалли парванда аҳамиятдошта, муайян намудани кифоягии далелҳо барои парванда, таҳқиқи далели гузаронидани мӯҳлати муроҷиат ба суд ва мӯҳлати даъво иборат мебошад.
2. Тарафҳо оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси пешакии судӣ огоҳ карда мешаванд. Ҳозир нашудани тараф, намояндаи вай барои гузаронидани маҷлиси пешакии судӣ монеа шуда наметавонад. Тарафҳо дар маҷлиси пешакии судӣ ҳуқуқ доранд далелу ваҷҳ ва дархост пешниҳод намоянд.
3. Оид ба парвандаҳои мураккаб бо дарназардошти фикри тарафҳо судя метавонад барои гузаронидани маҷлиси пешакии судӣ мӯҳлатеро муайян кунад, ки аз доираи мӯҳлатҳои барои баррасӣ ва ҳалли парвандаҳо муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс зиёд мебошад.
4. Ҳангоми мавҷудияти ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 220, 221, сархатҳои якум, дуюм, сеюм, чорум ва панҷуми моддаи 225, сархатҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми моддаи 227 ҳамин Кодекс баррасии парванда дар маҷлиси пешакии судӣ мумкин аст боздошта шавад ё қатъ гардад ё ариза бе баррасӣ мононда шавад.
5. Дар хусуси боздоштан ё қатъи баррасии парванда ё бе баррасӣ монондани ариза таъинот қабул карда мешавад. Нисбат ба таъинот шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
6. Дар маҷлиси пешакии судӣ норозигии ҷавобгар дар хусуси аз ҷониби даъвогар бе сабабҳои узрнок гузаронидани мӯҳлати даъво ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун барои муроҷиат ба суд метавонад баррасӣ гардад. Ҳангоми муайян намудани далели бе сабабҳои узрнок гузаронидани мӯҳлати даъво ё мӯҳлати муроҷиат ба суд судя бе таҳқиқи дигар ҳолатҳои воқеии парванда дар хусуси рад намудани даъво ҳалнома қабул мекунад. Ба ҳалнома аз ҷониби шахсони иштирокчии парванда мумкин аст бо тартиби кассатсионӣ шикоят оварда шавад.
7. Дар хусуси гузаронидани маҷлиси пешакии судӣ мутобиқи моддаҳои 233 ва 234 ҳамин Кодекс протокол тартиб дода мешавад.
Моддаи 156. Таъини парванда ба муҳокимаи судӣ
Судя парвандаро ба муҳокимаи судӣ омодашуда эътироф намуда, дар хусуси таъин намудани парванда ба муҳокимаи судӣ таъинот қабул мекунад ва тарафҳо, дигар шахсони иштирокчии парвандаро оид ба вақт ва маҳалли баррасии парванда огоҳ намуда, дигар иштирокчиёни мурофиаро даъват мекунад.
БОБИ 15. МУҲОКИМАИ СУДӢ
Моддаи 157. Мӯҳлатҳои баррасӣ ва ҳалли парвандаҳои маданӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Парвандаҳои маданӣ дар мӯҳлати то се моҳ аз рӯзи қабули ариза аз ҷониби судя баррасӣ ва ҳал карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Суд парвандаҳоро дар хусуси барқарор намудан ба кор, ситонидани алимент дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ аз рӯзи қабули аризаи тарафҳо аз ҷониби суд баррасӣ ва ҳал менамояд.
3. Қонун метавонад мӯҳлатҳои кӯтоҳи баррасӣ ва ҳалли категорияҳои алоҳидаи парвандаҳои маданиро муқаррар намояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 158. Маҷлиси судӣ
Муҳокимаи парвандаҳои маданӣ дар маҷлиси судӣ бо огоҳонидани ҳатмии шахсони иштирокчии парванда оид ба маҳал ва вақти маҷлиси судӣ сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 158(1). Иштирок дар маҷлиси судӣ тариқи реҷаи мустақим (онлайн)
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930)
1. Шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ доранд дар маҷлиси судӣ тариқи реҷаи мустақим (онлайн) иштирок кунанд, агар онҳо дар ин хусус дархост намуда бошанд ва имконияти техникии баргузор намудани он дар суд мавҷуд бошад.
2. Судҳои дахлдори маҳалли истиқомат, маҳалли будубош ва (ё) маҳалли ҷойгиршавии шахсони иштирокчии парванда, намояндагони онҳо, ҳамчунин шоҳидон, коршиносон, мутахассисон ва тарҷумонҳо барои баргузории мурофиаи судӣ тариқи реҷаи мустақим (онлайн) мусоидат менамоянд. Барои таъмини иштироки шахсоне, ки дар тавқифгоҳи нигаҳдории муваққатӣ, тавқифгоҳи тафтишотӣ ва (ё) муассисаҳои тарбиявию ислоҳӣ қарор доранд, дар мурофиаи судӣ мумкин аст аз алоқаи видеоии ин муассисаҳо истифода шавад.
3. Суде, ки дар маҷлиси судӣ иштироки шахсони иштирокчии парванда, намояндаи онҳо, ҳамчунин шоҳидон, коршиносон, мутахассисон ва тарҷумонҳоро тариқи реҷаи мустақим (онлайн) таъмин менамояд, ба суд ҳозир шудани онҳоро санҷида, шахсияти онҳоро муайян мекунад, ба шоҳидон, экспертҳо, тарҷумонҳо дар бораи аз ҷониби суди баррасикунандаи парванда фаҳмондани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо ва огоҳ намудан дар бораи пешбинӣ гардидани ҷавобгарӣ барои аз ҷониби онҳо вайрон кардани қонун, забонхат мегирад. Забонхат на дертар аз рӯзи дигари гирифтани он ба суде, ки парвандаро баррасӣ менамояд, барои ҳамроҳ намудан ба протоколи маҷлиси судӣ ирсол карда мешавад.
4. Агар барои таъмини иштироки шахсони дар тавқифгоҳи нигаҳдории муваққатӣ, тавқифгоҳи тафтишотӣ ва (ё) муассисаҳои тарбиявию ислоҳӣ қарордошта дар реҷаи мустақим алоқаи видеоии ин муассисаҳо истифода шавад, гирифтани забонхат аз ин шахсон дар бораи аз ҷониби суди баррасикунандаи парванда фаҳмонидани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо ва огоҳ намудан дар бораи ҷавобгарӣ барои қонунвайронкунӣ аз ҷониби онҳо, бо мусоидати маъмурияти ин муассисаҳо амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
Моддаи 159. Раисикунандаи маҷлиси судӣ
1. Судяе, ки парвандаро баррасӣ менамояд, вазифаи раисикунандаро иҷро мекунад.
2. Раисикунанда маҷлиси судиро роҳбарӣ карда, барои таҳқиқи ҳамаҷониба ва пурраи далелҳо ва ҳолатҳои парванда шароит фароҳам меоварад, аз муҳокимаи судӣ ҳамаи маводеро, ки ба парвандаи баррасишаванда муносибат надоранд, хориҷ мекунад. Дар сурати норозигӣ баён намудани ин ё он иштирокчии мурофиа нисбат ба амали раисикунанда норозигии изҳоршуда дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ карда мешавад. Раисикунандаи маҷлиси судӣ вобаста ба амали худ тавзеҳот медиҳад.
3. Раисикунандаи маҷлиси судӣ барои таъмини тартиби дахлдор дар маҷлиси судӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад. Амри вай барои ҳамаи иштирокчиёни мурофиа, инчунин шаҳрвандоне, ки дар толори маҷлиси судӣ ҳузур доранд, ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 160. Бевосита ва шифоҳӣ будани муҳокимаи судӣ
1. Суд ҳангоми баррасии парванда ӯҳдадор аст бевосита баёноти тарафҳо ва шахсони сеюм, нишондоди шоҳидон, хулосаи коршиносони судӣ, маслиҳат ва шарҳи мутахассисонро шунавад, бо далелҳои хаттӣ шинос шавад, далелҳои шайъиро аз назар гузаронад, сабтҳои овозро шунавад, сабтҳои видеоро тамошо намуда, далелҳои парвандаро таҳқиқ кунад.
2. Муҳокимаи парванда шифоҳӣ ва дар ҳайати тағйирнаёбандаи суд анҷом дода мешавад. Ҳангоми иваз намудани судя дар ҷараёни баррасии парванда муҳокимаи судӣ бояд аз ибтидо оғоз карда шавад.
Моддаи 161. Тартибот дар маҷлиси судӣ
1. Ҳангоми ба толори маҷлиси судӣ ворид шудани судя бо хитоби котиби маҷлиси судӣ "Суд меояд! Хоҳишмандам аз ҷой бархезед!" ҳамаи ҳозирин аз ҷой бармехезанд. Эълони ҳалнома, инчунин эълони таъинотро, ки бо он парванда бе қабули ҳалнома хотима меёбад, ҳозирини дар толори маҷлиси судӣ ҳузурдошта аз ҷой бархеста гӯш мекунанд.
2. Иштирокчиёни мурофиа ба судя бо ибораи "Мӯҳтарам суд" муроҷиат намуда, баёнот ва нишондоди худро аз ҷой бархеста иброз мекунанд. Истисно аз ин қоида танҳо бо иҷозати раисикунандаи маҷлиси судӣ анҷом дода мешавад.
3. Муҳокимаи судӣ бояд дар шароите сурат гирад, ки дар он кори мӯътадили суд ва амнияти иштирокчиёни мурофиа таъмин карда шавад.
4. Тартиби мӯътадили муҳокимаи судии парвандаро набояд амали шаҳрвандони дар толори маҷлиси судӣ ҳузурдошта халалдор созад.
5. Иштирокчиёни мурофиа ва ҳамаи шаҳрвандони дар толори маҷлиси судӣ ҳузурдошта бояд тартиби муқарраршударо риоя кунанд.
Моддаи 162. Тадбирҳое, ки нисбати вайронкунандагони тартиботи маҷлиси судӣ андешида мешаванд
1. Ба шахсе, ки дар маҷлиси судӣ тартиботро вайрон мекунад, раисикунандаи маҷлиси судӣ аз номи суд огоҳӣ эълон менамояд.
2. Ҳангоми такроран вайрон кардани тартибот дар маҷлиси судӣ шахси иштирокчии парванда ё намояндаи вай мувофиқи таъинот дар тамоми мӯҳлати муҳокимаи судӣ ё як қисми он мумкин аст аз толори маҷлиси судӣ хориҷ карда шаванд. Раисикунандаи маҷлиси судӣ шахси аз нав ба толори маҷлиси судӣ иҷозатдодашударо, ки аз як қисми муҳокимаи судӣ аз толори маҷлиси судӣ бароварда шуда буд, бо амали мурофиавие, ки ҳангоми ҳозир набудани ӯ сурат гирифта буд, шинос мекунад. Шаҳрвандони ҳангоми муҳокимаи парванда ҳузурдошта барои такроран вайрон кардани тартибот дар маҷлиси судӣ мувофиқи амри раисикунандаи маҷлиси судӣ барои ҳамаи мӯҳлати муҳокимаи судӣ аз толори маҷлиси судӣ хориҷ карда мешаванд.
3. Суд инчунин ҳуқуқ дорад шахсонеро, ки дар маҷлиси судӣ тартиботро вайрон кардаанд, таъинот қабул карда ба андозаи то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима бандад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
4. Агар дар амали шахсе, ки дар маҷлиси судӣ тартиботро вайрон кардааст, аломатҳои ҷиноят мавҷуд бошад, раисикунандаи маҷлиси судӣ нисбат ба вайронкунандаи тартибот маводи дахлдорро барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба вайронкунанда ба мақомоти прокуратура ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
5. Дар сурати ба таври оммавӣ аз ҷониби шаҳрвандони дар муҳокимаи парванда ҳузурдошта вайрон кардани тартибот дар маҷлиси судӣ раисикунандаи маҷлиси судӣ метавонад аз толори маҷлиси судӣ шаҳрвандонеро, ки иштирокчии мурофиа намебошанд, хориҷ кунад ва парвандаро дар маҷлиси пӯшидаи судӣ баррасӣ намояд ё муҳокимаи парвандаро мавқуф гузорад.
Моддаи 163. Оғози маҷлиси судӣ
Раисикунандаи маҷлиси судӣ дар вақти барои муҳокимаи судии парванда таъингардида маҷлиси судиро оғоз намуда, эълон менамояд, ки кадом парвандаи маданӣ баррасӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 164. Санҷиши ҳозиршавии иштирокчиёни мурофиа
1. Котиби маҷлиси судӣ дар бораи ҳозир шудани шахсони вобаста ба парвандаи баррасишаванда даъватшуда, оид ба хабардор будани шахсони ҳозирнашуда ва сабабҳои ҳозир нашудани онҳо ба суд маълумот медиҳад.
2. Раисикунандаи маҷлиси судӣ шахсияти иштирокчиёни ҳозиршудаи мурофиаро муайян карда, ваколати шахсони мансабдор ва ё намояндаҳои онҳоро месанҷад.
Моддаи 165. Тавзеҳи ӯҳдадориҳои тарҷумон
1. Раисикунандаи маҷлиси судӣ ба тарҷумон ӯҳдадории ӯро ҷиҳати тарҷумаи баёнот, нишондод, баромад, аризаи шахсоне, ки забони баррасии мурофиаи судиро намедонанд, инчунин ба ин шахсон тарҷума кардани мазмуни баёнот, нишондод, баромад, аризаи шахсони иштирокчии парванда ва шоҳидон, ҳуҷҷатҳо, сабтҳои овоз, хулосаҳои коршиносони судӣ, маслиҳатҳо, тавзеҳоти мутахассисон, инчунин амрҳои раисикунандаи маҷлиси судӣ, ҳалнома ва таъинотро, ки дар толори маҷлиси судӣ эълон мегардад, тавзеҳ медиҳад.
2. Раисикунандаи маҷлиси судӣ тарҷумонро оид ба ҷавобгарии пешбининамудаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дидаю дониста нодуруст тарҷума кардан огоҳ месозад ва забонхати ӯро ба протоколи маҷлиси судӣ замима менамояд.
3. Дар сурати саркашии тарҷумон аз ҳозир шудан ба маҷлиси судӣ ё саркашӣ аз иҷрои матлуби ӯҳдадориҳои худ суд метавонад ӯро ба андозаи то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ кунад.
4. Қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин модда нисбат ба шахсе, ки ишораҳои шахси кар ва гунгро мефаҳмонад (сурдотарҷумон), низ татбиқ мегардад.
Моддаи 166. Аз толори маҷлиси судӣ хориҷ кардани шоҳидон
Суд шоҳидони ҳозиршударо аз толори маҷлиси судӣ то даъват шудани онҳо барои додани нишондод хориҷ мекунад. Раисикунандаи маҷлиси судӣ барои бо шоҳидони пурсидашуда ҳамсӯҳбат нашудани шоҳидони пурсиданашуда тадбирҳо меандешад.
Моддаи 167. Ҳалли масъалаҳо оид ба ҳайати суд ва тавзеҳи ҳуқуқи худрадкунӣ ва рад намудан
1. Раисикунандаи маҷлиси судӣ ҳайати судро эълон намуда, иттилоъ медиҳад, ки кадом шахс ба сифати намоянда, прокурор, коршиноси судӣ, мутахассис, тарҷумон, котиби маҷлиси судӣ иштирок менамояд ва ба шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқи худрадкунӣ ва рад намуданро тавзеҳ медиҳад.
2. Асосҳо барои худрадкунӣ ё рад намудан, тартиби ҳал ва оқибатҳои қонеъгардонии чунин аризаҳо мутобиқи моддаҳои 18,23 ҳамин Кодекс муайян карда мешаванд.
Моддаи 168. Ба шахсони иштирокчии парванда тавзеҳ додани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мурофиавӣ
Раисикунандаи маҷлиси судӣ ба шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мурофиавӣ ва ба тарафҳо, инчунин ҳуқуқҳои пешбининамудаи моддаи 43 ҳамин Кодексро тавзеҳ медиҳад.
Моддаи 169. Аз ҷониби суд ҳал намудани дархости шахсони иштирокчии парванда
Дархости шахсони иштирокчии парванда оид ба масъалаҳои муҳокимаи парванда бо таъинот баъди шунидани фикри дигар шахсони иштирокчии парванда ҳал карда мешавад.
Моддаи 170. Оқибатҳои ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо
1. Шахсони иштирокчии парванда ӯҳдадоранд ба суд оид ба сабабҳои ҳозир нашудани худ иттилоъ диҳанд ва оид ба узрнок будани ин сабабҳо далелҳо пешниҳод намоянд.
2. Дар сурати ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани ин ё он шахси иштирокчии парванда, ки нисбат ба огоҳонида шудани ӯ маълумот мавҷуд намебошад, муҳокимаи парванда мавқуф гузошта мешавад.
3. Агар шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ шуда бошанд, суд дар сурати узрнок эътироф намудани ҳозир нашудани онҳо муҳокимаи парвандаро мавқуф мегузорад.
4. Суд ҳуқуқ дорад парвандаро ҳангоми ҳозир нашудани ин ё он шахси иштирокчии парванда, ки дар хусуси вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ карда шудаанд, баррасӣ намояд, агар онҳо оид ба сабабҳои ҳозир нашуданашон маълумот пешниҳод накарда бошанд ё суд сабабҳои ҳозир нашудани онҳоро узрнок эътироф накунад.
5. Суд ҳуқуқ дорад парвандаро ҳангоми ҳозир нашудани ҷавобгаре, ки оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳонида шудааст, тибқи муқаррароти боби 22 ҳамин Кодекс баррасӣ намояд, агар ӯ ба суд дар хусуси сабабҳои узрноки наомаданаш иттилоъ надода бошад ё дар ҳолати бе иштирокаш баррасӣ намудани парвандаро хоҳиш накарда бошад.
6. Тарафҳо ҳуқуқ доранд ба таври хаттӣ аз суд хоҳиш намоянд, ки парванда бе иштироки онҳо баррасӣ гардад ва нусхаи ҳалнома ба онҳо ирсол карда шавад.
7. Суд метавонад муҳокимаи парвандаро дар асоси дархости шахси иштирокчии парванда вобаста ба ҳозир нашудани намояндаи ӯ бо сабабҳои узрнок мавқуф гузорад.
Моддаи 171. Оқибатҳои ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани шоҳидон, коршиносони судӣ, мутахассисон, тарҷумонҳо
1. Ҳангоми ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани шоҳидон, коршиносони судӣ, мутахассисон, тарҷумонҳо суд фикри шахсони иштирокчии парвандаро дар хусуси имконпазирии баррасии парванда ҳангоми ҳозир набудани шоҳидон, коршиносони судӣ, мутахассисон, тарҷумонҳо мешунавад ва дар хусуси идома додани муҳокимаи судӣ ё мавқуф гузоштани муҳокимаи парванда таъинот қабул мекунад.
2. Дар сурате, ки агар шоҳид, коршиноси судӣ, мутахассис ё тарҷумони ба суд даъватгардида бо сабабҳои аз ҷониби суд узрнок эътирофнашуда ба маҷлиси судӣ ҳозир нашавад, суд метавонад онҳоро ба андозаи то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима бандад. Агар шоҳид баъди даъвати дуюмбора низ бе сабабҳои узрнок ба маҷлиси судӣ ҳозир нашавад, метавонад маҷбурӣ оварда шавад, ки суд дар ин хусус таъинот қабул мекунад ва иҷрои он ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ гузошта мешавад.
Моддаи 172. Мавқуф гузоштани муҳокимаи парванда
1. Мавқуф гузоштани муҳокимаи парванда дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, инчунин ҳангоме, ки суд баррасии парвандаро дар ҳамин маҷлиси судӣ бо сабаби ҳозир нашудани яке аз шахсони иштирокчии парванда, пешниҳоди даъвои муқобили даъво, зарурати пешниҳод ё талаб карда гирифтани далелҳои иловагӣ, ба парванда ҷалб намудани дигар шахсон, анҷом додани дигар амалиёти мурофиавӣ имконнопазир шуморад, иҷозат дода мешавад.
2. Ҳангоми мавқуф гузоштани муҳокимаи парванда рӯзи нави маҷлиси судӣ бо дарназардошти вақте, ки барои даъвати иштирокчиёни мурофиа ё талаб карда гирифтани далелҳо заруранд, таъин гардида, дар ин хусус ба шахсони ҳозиршуда бо гирифтани дастхат эълон карда мешавад. Шахсони ҳозирнашуда ва шахсоне, ки бояд аз нав ба мурофиаи судӣ ҷалб гарданд, оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси нави судӣ огоҳ карда мешаванд.
3. Муҳокимаи парванда баъди мавқуф гузоштани он аз лаҳзаи мавқуфгузорӣ идома дода мешавад.
Моддаи 173. Пурсиши шоҳидон ҳангоми мавқуф гузоштани муҳокимаи парванда
Суд ҳангоми мавқуф гузоштани муҳокимаи парванда, агар дар маҷлиси судӣ тарафҳо иштирок дошта бошанд, ҳуқуқ дорад шоҳидони ҳозиршударо пурсад. Даъвати такрории ин шоҳидон ба маҷлиси судӣ танҳо ҳангоми зарурат иҷозат дода мешавад.
Моддаи 174. Ба коршиноси судӣ ва мутахассис тавзеҳ додани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо
Раисикунандаи маҷлиси судӣ ба коршиноси судӣ ва мутахассис ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳоро тавзеҳ дода, коршиноси судиро дар бораи ҷавобгарии ҷиноятии муқаррарнамудаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дидаю дониста додани хулосаи бардурӯғ огоҳ менамояд, ки аз ӯ дар ин бора забонхат гирифта шуда, ба протоколи маҷлиси судӣ замима мегардад.
Моддаи 175. Оғози моҳиятан баррасӣ намудани парванда
Моҳиятан баррасӣ намудани парванда бо маърӯзаи раисикунандаи маҷлиси судӣ оғоз мегардад. Раисикунандаи маҷлиси судӣ муайян менамояд, ки оё даъвогар талаботи худро дастгирӣ мекунад, оё ҷавобгар талаботи даъвогарро эътироф менамояд ва оё тарафҳо мехоҳанд парвандаро бо бастани созиши оштӣ қатъ намоянд.
Моддаи 176. Аз даъво даст кашидани даъвогар ё даъворо эътироф намудани ҷавобгар
1. Дар хусуси даст кашидани даъвогар аз даъво, эътирофи даъво аз ҷониби ҷавобгар ба суд аризаи хаттӣ пешниҳод карда мешавад, ки он дар протоколи маҷлиси судӣ зикр мегардад.
2. Суд ба даъвогар ё ҷавобгар оқибатҳои даст кашидан аз даъво, эътирофи даъворо тавзеҳ дода, аз онҳо дастхат мегирад, ки он ба маводи парванда замима карда мешавад.
3. Ҳангоми аз даъво даст кашидани даъвогар ва аз ҷониби суд қабул кардани он суд таъинот қабул мекунад, ки дар асоси он баррасии парванда қатъ мегардад. Суд ҳангоми аз ҷониби ҷавобгар эътироф гардидани даъво ва қабули он дар хусуси қонеъгардонии талаботи пешниҳоднамудаи даъвогар ҳалнома қабул мекунад.
4. Нисбат ба таъинот дар хусуси аз даъво даст кашидани даъвогар шахсони иштирокчии парванда метавонанд ба суд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
5. Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
Моддаи 177. Созиши оштии тарафҳо
1. Тарафҳо метавонанд бо бастани созиши оштӣ ба мурофиаи судӣ хотима бахшанд.
2. Созиши оштии тарафҳо аз ҷониби тарафҳо дар шакли хаттӣ тартиб дода шуда, ба суд пешниҳод карда мешавад, ки ба он даъвогар ва ҷавобгар имзо мегузоранд. Дар созиши оштии тарафҳо шартҳои созиш ва оқибатҳои ногувори иҷро нагардидани шартҳои созиш нишон дода мешаванд.
3. Суд бо таъиноти худ созиши оштии тарафҳоро тасдиқ ва баррасии парвандаро қатъ мекунад. Дар протоколи маҷлиси судӣ оид ба бастани созиши оштии тарафҳо қайд карда мешавад.
4. Суд ба тарафҳо оқибати бастани созиши оштиро тавзеҳ дода, аз онҳо забонхат мегирад, ки он ба маводи парванда замима карда мешавад.
5. Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
Моддаи 178. Баёноти шахсони иштирокчии парванда
1. Баъди маърӯзаи раисикунандаи маҷлиси судӣ оид ба парванда суд баёноти даъвогар, шахсони сеюме, ки ба тарафдории ӯ иштирок мекунанд, ҷавобгар, шахсони сеюме, ки ба тарафдории ӯ иштирок мекунанд, инчунин дигар иштирокчиёни парвандаро мешунавад. Прокурор, намояндагони мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандоне, ки дар суд ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати дигар шахсон иштирок доранд, аввалин шуда баёнот медиҳанд. Шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ доранд ба ҳамдигар савол диҳанд. Раисикунандаи маҷлиси судӣ ҳуқуқ дорад ба иштирокчиёни парванда дар ҳар лаҳзаи додани баёнот савол диҳад.
2. Баёноти хаттии шахсони иштирокчии парванда, инчунин баёноте, ки суд тибқи тартиби пешбининамудаи моддаҳои 65 ва 67 ҳамин Кодекс гирифтааст, аз ҷониби раисикунандаи маҷлиси судӣ эълон карда мешавад.
Моддаи 179. Муайян намудани пайдарҳамии таҳқиқи далелҳо
Суд баёноти шахсони иштирокчии парвандаро шунида, бо дарназардошти фикри онҳо пайдарҳамии таҳқиқи далелҳоро муқаррар менамояд.
Моддаи 180. Огоҳ намудани шоҳид оид ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои саркашӣ намудан аз додани нишондод ё дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ
1. Раисикунандаи маҷлиси судӣ то пурсиши шоҳид шахсияти ӯро муайян намуда, ба ӯ ҳуқуқ ва ӯҳдадории шоҳидро тавзеҳ медиҳад, ӯро дар хусуси ҷавобгарии ҷиноятӣ барои саркашӣ намудан аз додани нишондод ё дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ огоҳ месозад. Аз шоҳид забонхат гирифта мешавад, ки дар он ӯҳдадорӣ ва ҷавобгариаш тавзеҳ дода шудааст. Забонхат ба протоколи маҷлиси судӣ замима мегардад.
2. Раисикунандаи маҷлиси судӣ ба шоҳиде, ки ба синни шонздаҳ нарасидааст, ӯҳдадорӣ оид ба дуруст ва саҳеҳ иброз кардани ҳамаи он маълумотеро, ки вобаста ба парванда барояш маълум аст, тавзеҳ медиҳад, аммо ӯ оид ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои саркашӣ намудан аз додани нишондод ва дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ огоҳ карда намешавад.
Моддаи 181. Тартиби пурсиши шоҳидон
1. Ҳар як шоҳид дар алоҳидагӣ пурсида мешавад.
2. Раисикунандаи маҷлиси судӣ муносибати шоҳидро ба шахсони иштирокчии парванда муайян намуда, ба шоҳид пешниҳод мекунад, ки оид ба ҳамаи ҳолатҳои вобаста ба парванда, ки барояш шахсан маълуманд, ба суд маълумот диҳад.
3. Ба шоҳид савол додан мумкин аст. Аввалин шуда шахсе, ки мутобиқи аризаи ӯ шоҳид даъват шудааст ва намояндаи ӯ, баъд дигар шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо саволҳо медиҳанд. Раисикунандаи маҷлиси судӣ ҳуқуқ дорад дар ҳамаи лаҳзаҳои пурсиш ба шоҳид савол диҳад.
4. Суд метавонад ҳангоми зарурат такроран дар ҳамон маҷлиси судӣ ё маҷлиси минбаъдаи судӣ шоҳидро пурсад, инчунин шоҳидонро ҷиҳати ошкор намудани ихтилофот дар нишондоди онҳо рӯ ба рӯ кунад.
5. Агар суд баромадани шоҳиди пурсидашударо аз толори маҷлиси судӣ иҷозат надиҳад, ӯ то анҷоми муҳокимаи парванда дар толори маҷлиси судӣ мемонад.
Моддаи 182. Аз ҷониби шоҳид истифода бурдани маводи хаттӣ
Шоҳид ҳуқуқ дорад ҳангоми додани нишондод аз маводи хаттӣ дар мавриде истифода барад, ки агар нишондод ба ин ё он маълумоти рақамӣ ё дигар маълумот алоқаманд буда, дар хотир доштани он душвор бошад. Ин мавод ба суд ва шахсони иштирокчии парванда пешниҳод гардида, бояд ба парванда замима карда шавад.
Моддаи 183. Пурсиши шоҳиди ноболиғ
1. Пурсиши шоҳиди синнаш то ба чордаҳсола нарасида бо иштироки омӯзгор гузаронида мешавад ва бо салоҳдиди раисикунандаи маҷлиси судӣ пурсиши шоҳиди синнаш аз чордаҳ то ҳаждаҳсола низ метавонад бо иштироки омӯзгор, ки суд даъват мекунад, анҷом дода шавад. Ҳангоми зарурат инчунин падару модар, фарзандхондагон, васӣ ё парастори шоҳиди ноболиғ даъват карда мешаванд. Ин шахсон метавонанд бо иҷозати раисикунандаи маҷлиси судӣ ба шоҳид савол диҳанд, инчунин фикри худро вобаста ба шахсияти шоҳид ва мазмуни нишондоди ӯ баён кунанд.
2. Дар ҳолатҳои истисноӣ, агар барои муайян намудани ҳолати парванда зарур бошад, дар вақти пурсиши шоҳиди ноболиғ мутобиқи таъинот аз толори маҷлиси судӣ ин ё он шахси иштирокчии парванда, ин ё он шахси дар толори маҷлиси судӣ ҳузурдошта метавонад хориҷ карда шавад. Баъди баргаштани шахси иштирокчии парванда ба толори маҷлиси судӣ ба маълумоти ӯ бояд мазмуни нишондоди шоҳиди ноболиғ расонида шуда, имконият дода шавад, ки ба шоҳид савол диҳад.
3. Шоҳиде, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидааст, баъди пурсиш аз толори маҷлиси судӣ берун бароварда мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар суд ҳузури ин шоҳидро дар толори маҷлиси судӣ зарур шуморад.
Моддаи 184. Эълон кардани нишондоди шоҳид
Нишондоди шоҳид, ки тибқи тартиби пешбининамудаи моддаҳои 65, 67, қисми 1 моддаи 73, моддаи 173 ҳамин Кодекс гирифта шудааст, дар маҷлиси судӣ эълон гардида, баъд аз он шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ доранд оид ба он баёнот диҳанд.
Моддаи 185. Таҳқиқи далелҳои хаттӣ
Далелҳои хаттӣ ё протоколҳои азназаргузаронии онҳо, ки дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 65, 67, сархати нӯҳуми қисми 1 моддаи 153 ҳамин Кодекс тартиб дода шудаанд, дар маҷлиси судӣ эълон гардида, ба шахсони иштирокчии парванда, намояндагони онҳо ва ҳангоми зарурат ба шоҳидон, коршиносони судӣ ва мутахассисон пешниҳод карда мешаванд. Баъд аз он шахсони иштирокчии парванда метавонанд баёнот диҳанд.
Моддаи 186. Эълон ва таҳқиқи муросилот ва мухобироти шахсии шаҳрвандон
Бо мақсади ҳифзи махфияти муросилот ва мухобироти шахсии шаҳрвандон ин муросилот ва мухобиротро суд метавонад дар маҷлиси кушоди судӣ танҳо бо розигии шахсоне, ки байни онҳо чунин муросилот ва мухобирот сурат гирифтааст, эълон ва таҳқиқ намояд. Бе розигии ин шахсон муросилот ва мухобироти шахсӣ дар маҷлиси пӯшидаи судӣ эълон ва таҳқиқ карда мешавад.
Моддаи 187. Таҳқиқи далелҳои шайъӣ
1. Суд далелҳои шайъиро аз назар гузаронида, ба шахсони иштирокчии парванда, намояндагони онҳо ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба коршиносони судӣ, мутахассисон ва шоҳидон пешниҳод менамояд. Шахсоне, ки ба онҳо далелҳои шайъӣ пешниҳод шудаанд, метавонанд таваҷҷӯҳи судро ба ин ё он ҳолати вобаста ба азназаргузаронӣ ҷалб намоянд. Ин аризаҳо дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ карда мешаванд.
2. Протоколи азназаргузаронӣ дар маҳалли ҷойгиршавии далелҳои шайъӣ дар маҷлиси судӣ эълон гардида, баъд аз он шахсони иштирокчии парванда метавонанд нисбат ба он баёнот диҳанд.
Моддаи 188. Азназаргузаронӣ дар маҳалли ҷойгиршавӣ
1. Азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳои хаттӣ ва шайъиро, ки овардани онҳо ба суд имконнопазир ё душвор аст, суд дар маҳалли ҷойгиршавии онҳо анҷом медиҳад. Дар хусуси азназаргузаронӣ дар маҳалли ҷойгиршавӣ суд таъинот қабул карда, протокол тартиб медиҳад.
2. Оид ба вақт ва маҳалли азназаргузаронӣ шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои анҷом додани азназаргузаронӣ монеа шуда наметавонад. Ҳангоми зарурат инчунин коршиносони судӣ, мутахассисон ва шоҳидон низ ҷалб карда мешаванд.
3. Натиҷаҳои азназаргузаронӣ дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ мегардад. Ба протокол нақша, ҷадвал, тарҳ, ҳисобҳо, нусхаи ҳуҷҷатҳо, сабтҳои видео, аксбардориҳои далелҳои хаттӣ ва шайъӣ, ки ҳангоми азназаргузаронӣ анҷом дода шудааст, инчунин хулосаи хаттии коршиноси судӣ ва маслиҳати мутахассис замима мегардад.
Моддаи 189. Шунидани сабти овоз, тамошои сабти видео ва таҳқиқи онҳо
1. Ҳангоми шунидани сабти овоз ва тамошои сабти видео, ки дорои маълумоти хусусияти шахсӣ мебошанд, инчунин ҳангоми таҳқиқи онҳо қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 186 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад.
2. Шунидани сабти овоз ва тамошои сабти видео дар толори маҷлиси судӣ ё дигар бинои барои ин мақсадҳо махсус таҷҳизонидашуда сурат гирифта, дар протоколи маҷлиси судӣ нишонаҳои фарқкунандаи манбаъҳои далелҳои зикргардида, бо нишон додани вақти сабти онҳо дарҷ карда мешавад. Баъди ин суд баёноти шахсони иштирокчии парвандаро мешунавад. Ҳангоми зарурат шунидани сабти овоз ва тамошои сабти видео пурра ё дар ягон қисм такрор карда мешавад.
3. Бо мақсади ошкор намудани маълумоти дар сабти овоз ва сабти видео мавҷудбуда суд метавонад мутахассисро ҷалб намояд. Ҳангоми зарурат суд метавонад экспертиза таъин кунад.
Моддаи 190. Ариза дар мавриди сохта будани далелҳо
Ҳангоми пешниҳоди ариза оид ба мавҷуд будани далелҳои сохта суд метавонад барои санҷиши ин далелҳо экспертиза таъин кунад ё ба тарафҳо пешниҳод намояд, ки далелҳои дигарро пешниҳод кунанд.
Моддаи 191. Таҳқиқи хулосаи коршиноси судӣ
Хулосаи коршиноси судӣ дар маҷлиси судӣ эълон карда мешавад. Бо мақсади тавзеҳ додан ва пурра кардани хулосаи коршиноси судӣ ба коршиноси судӣ савол додан мумкин аст. Аввалин шуда шахс ва намояндаи ӯ, ки тибқи аризаи онҳо экспертиза таъин гардидааст, савол медиҳанд, сипас дигар шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо савол медиҳанд. Агар экспертизаро суд таъин карда бошад, аввалин шуда ба коршиноси судӣ даъвогар ва намояндаи ӯ савол медиҳанд. Раисикунандаи маҷлиси судӣ ҳуқуқ дорад дар ҳар лаҳзаи пурсиш ба коршиноси судӣ савол диҳад.
Моддаи 192. Таъини экспертизаи иловагӣ ё такрорӣ
1. Хулосаи коршиноси судӣ дар маҷлиси судӣ таҳқиқ гардида, аз ҷониби суд якҷоя бо дигар далелҳо баҳо дода мешавад ва барои суд дорои эътибори қаблан муайянгардида намебошад. Норозӣ будани суд бо хулосаи коршиноси судӣ бояд дар ҳалнома оид ба парванда ё дар таъинот оид ба таъин намудани экспертизаи иловагӣ ё такрорӣ асоснок карда шавад.
2. Экспертизаи иловагиро суд ҳангоми дақиқ ё пурра набудани хулосаи коршиноси судӣ таъин мекунад. Гузаронидани экспертизаи иловагӣ ба ҳамон коршиноси судӣ ё коршиноси судии дигар супурда мешавад.
3. Агар суд бо хулосаи коршиноси судӣ бо сабаби беасос будани он розӣ набошад, экспертизаи такрорӣ таъин мекунад. Гузаронидани экспертизаи такрорӣ ба коршиноси ё (коршиносони) судии дигар супурда мешавад.
4. Дар таъинот оид ба гузаронидани экспертизаи такрорӣ ё иловагӣ бояд асосҳои норозигии суд бо хулосаи ибтидоии экспертиза зикр карда шаванд.
5. Коршиноси судие, ки экспертизаи ибтидоиро гузаронидааст, метавонад ҳангоми экспертизаи такрорӣ иштирок намояд, тавзеҳот диҳад, аммо дар таҳияи хулоса иштирок намекунад.
Моддаи 193. Маслиҳати мутахассис
1. Ҳангоми зарурат дар вақти азназаргузаронии далелҳои хаттӣ ё шайъӣ шунидани сабтҳои овоз, тамошои сабтҳои видео, таъини экспертиза, пурсиши шоҳидон, андешидани чораҳо оид ба таъмини далелҳо суд метавонад барои гирифтани маслиҳат тавзеҳ ва хизматрасонии бевоситаи техникӣ (аксбардорӣ, таҳияи нақша ва ҷадвалҳо, интихоби намуна барои экспертиза, нархгузории молу мулк ва ғайра) мутахассисро ҷалб намояд.
2. Шахсе, ки ба сифати мутахассис ҷалб шудааст, бояд ба суд ҳозир шавад, ба саволҳои суд ҷавоб диҳад, маслиҳат ё тавзеҳи хаттӣ ё шифоҳӣ диҳад, инчунин ҳангоми зарурат ба суд кӯмаки техникӣ расонад.
3. Мутахассис бо дарназардошти дониши касбӣ ва навъи фаъолият бе гузаронидани таҳқиқоти махсусе, ки тибқи таъинот сурат мегирад, дар шакли шифоҳӣ ё хаттӣ ба суд маслиҳат медиҳад. Маслиҳати мутахассис, ки дар шакли хаттӣ пешниҳод шудааст, дар маҷлиси судӣ эълон гардида, ба парванда замима карда мешавад. Маслиҳати шифоҳӣ ё тавзеҳи мутахассис дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ мегарданд.
4. Бо мақсади тавзеҳ ва пурра кардани маслиҳати мутахассис ба ӯ савол додан мумкин аст. Аввалин шуда шахсе ва ё намояндаи ӯ, ки тибқи аризаи онҳо мутахассис ҷалб шудааст савол медиҳад, сипас дигар шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо савол медиҳанд. Ба мутахассисе, ки суд ҷалб кардааст, аввалин шуда даъвогар ва намояндаи ӯ савол медиҳанд. Раисикунандаи маҷлиси судӣ ҳуқуқ дорад дар ҳар лаҳзаи пурсиш ба мутахассис савол диҳад.
Моддаи 194. Хотима ёфтани таҳқиқи далелҳо
Баъди таҳқиқи ҳамаи далелҳо раисикунандаи маҷлиси судӣ аз шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо муайян менамояд, ки оё онҳо метавонанд маводи парвандаро пурра кунанд. Ҳангоми мавҷуд набудани чунин аризаҳо раисикунандаи маҷлиси судӣ таҳқиқи парвандаро хотимаёфта эълон менамояд ва суд ба музокираҳои судӣ шурӯъ мекунад.
Моддаи 195. Музокираҳои судӣ
1. Музокираҳои судӣ аз баромади шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо иборат мебошад.
2. Дар музокираҳои судӣ аввалин шуда даъвогар ва намояндаи ӯ, сипас ҷавобгар ва намояндаи ӯ баромад мекунанд. Шахси сеюме, ки ба мавзӯи баҳси мурофиаи оғозгардида талаботи мустақил пешниҳод намудааст ва намояндаи ӯ дар музокираҳо баъди тарафҳо ва намояндагони онҳо баромад мекунанд. Шахси сеюме, ки ба мавзӯи баҳс талаботи мустақилона пешниҳод накардааст ва намояндаи ӯ дар музокираҳо баъди даъвогар ё ҷавобгаре, ки дар парванда шахси сеюм ба тарафдории ӯ иштирок менамояд, баромад мекунанд.
3. Прокурор, намояндагони мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ташкилот ва шаҳрванде, ки ба суд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони дигар муроҷиат намудаанд, дар музокираҳои судӣ аввалин шуда баромад мекунанд.
4. Прокурор, намояндагони мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ки дар мурофиа ҷиҳати додани хулоса иштирок менамоянд, дар музокираҳои судӣ баъди тарафҳо ва шахсони сеюм баромад мекунанд.
5. Баъди хотима ёфтани баромади ҳамаи иштирокчиёни музокираҳои судӣ онҳо метавонанд вобаста ба мӯҳтавои дар баромадҳояшон изҳоршуда бо ҳамдигар луқмапартоӣ кунанд. Ҳуқуқи охирин луқмапартоӣ ба ҷавобгар ва намояндаи ӯ тааллуқ дорад.
Моддаи 196. Аз нав оғоз намудани таҳқиқи далелҳо
1. Иштирокчиёни музокираҳои судӣ ҳуқуқ надоранд дар баромади худ ба ҳолатҳои муқаррарнакардаи суд, инчунин далелҳое, ки дар маҷлиси судӣ таҳқиқ нашудаанд, истинод кунанд.
2. Суд дар асоси аризаи тарафҳо оид ба зарурати муайян намудани ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта ё таҳқиқ намудани далелҳои нав метавонад дар рафти музокираҳои судӣ ё баъди онҳо дар хусуси аз нав таҳқиқ намудани далелҳо таъинот қабул намояд. Баъди хотимаи таҳқиқи далелҳо музокираҳои судӣ бо тартиби умумӣ сурат мегирад.
Моддаи 197. Барои қабули ҳалнома рафтани суд
Судя баъди музокираҳои судӣ барои қабули ҳалнома ба хонаи алоҳида меравад, ки дар ин бора ӯ ба ҳозирини толори маҷлиси судӣ эълон менамояд.
БОБИ 16. ҲАЛНОМА
Моддаи 198. Қабул намудани ҳалнома
1. Санади суди марҳилаи якум, ки ба воситаи он парванда моҳиятан ҳал мешавад, аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли ҳалнома қабул мегардад.
2. Ҳалнома дар хонаи алоҳида қабул мегардад, ки дар он танҳо судяи баррасикунандаи парванда метавонад ҳузур дошта бошад. Ҳузур доштани шахсони дигар манъ аст.
3. Ҳалнома дар доираи талаботи пешниҳоднамудаи даъвогар қабул карда мешавад.
Моддаи 199. Эълони ҳалнома
1. Судя баъди имзои ҳалнома ба толори маҷлиси судӣ бармегардад ва ҳалномаро эълон карда, мӯҳтавои ҳалнома, тартиб ва мӯҳлати овардани шикоят ва эътирозро ба ҳалнома шифоҳӣ тавзеҳ медиҳад.
2. Ҳангоми эълони қисми хулосавии ҳалнома судя ӯҳдадор аст тавзеҳ диҳад, ки шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо дар кадом мӯҳлат метавонанд бо ҳалномаи асоснок шинос шаванд.
3. Баъд аз эълон кардани ҳалнома раисикунанда бо розигии иштирокчиёни мурофиаи судӣ масъалаи дар сомонаи суди дахлдор ҷойгир намудани ҳалномаро пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани он ҳал менамояд. Дар ин хусус дар протоколи маҷлиси судӣ қайд карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1856).
Моддаи 200. Қонунӣ ва асоснок будани ҳалнома
1. Ҳалнома бояд қонунӣ ва асоснок бошад.
2. Суд ҳалномаро танҳо бо он далелҳое асоснок менамояд, ки дар маҷлиси судӣ таҳқиқ гардидаанд.
Моддаи 201. Тартиб додани ҳалнома
1. Ҳалномаро судя дар шакли хаттӣ қабул намуда, имзо мекунад. Ҳалнома дар шакли хаттӣ (коғазӣ ва (ё) электронӣ) тартиб дода мешавад. Агар дар суд имконияти дар шакли электронӣ тартиб додани ҳалнома мавҷуд набошад, ҳалнома танҳо дар шакли хаттӣ (коғазӣ) таҳия карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
2. Ислоҳи ҳалнома бояд бо имзои судя тасдиқ карда шавад.
Моддаи 202. Мӯҳтавои ҳалнома
1. Ҳалнома аз қисмҳои муқаддимавӣ, баёнӣ, асосноккунӣ ва хулосавӣ иборат мебошад.
2. Дар қисми муқаддимавии ҳалнома бояд сана ва маҳалли қабул намудани ҳалнома, номи суде, ки ҳалномаро қабул намудааст, насаб, ном ва номи падари судя, котиби маҷлиси судӣ, тарафҳо, дигар шахсони иштирокчии парванда, намояндагони онҳо, мавзӯи баҳс ва талаботи пешниҳодшуда дарҷ гардад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
3. Дар қисми баёнии ҳалнома бояд талаботи даъвогар, норозигии ҷавобгар ва баёноти шахсони иштирокчии парванда дарҷ гардад.
4. Дар қисми асосноккунонии ҳалнома бояд ҳолатҳои парванда, ки суд муқаррар намудааст; далелҳое, ки хулосаи суд оид ба ин ҳолатҳо бо ин далелҳо асос ёфтаанд; ваҷҳҳое, ки дар асоси онҳо суд ин ё он далелро рад кардааст; қонуне, ки суд ба роҳбарӣ гирифтааст, дарҷ гардад.
5. Ҳангоми даъворо эътироф намудани ҷавобгар дар қисми асосноккунии ҳалнома метавонад танҳо оид ба эътирофи даъво ва аз ҷониби суд қабул гардидани он зикр карда шавад.
6. Ҳангоми рад кардани даъво бо сабабҳои узрнок эътироф накардани гузаронидани мӯҳлати даъво ё мӯҳлати муроҷиат ба суд дар қисми асосноккунии ҳалнома метавонад танҳо дар хусуси муқаррар намудани ин ҳолатҳо зикр карда шавад.
7. Қисми хулосавии ҳалнома бояд хулосаи судро дар хусуси пурра ё қисман қонеъ намудан ё рад намудани даъво, тақсими хароҷоти судӣ, мӯҳлат ва тартиби пешниҳоди шикоят, эътироз ва иҷрои ҳалномаро дар бар гирад.
Моддаи 203. Таҳияи ҳалномаи асоснок
1. Таҳияи ҳалномаи асоснок метавонад ба мӯҳлати на бештар аз панҷ рӯз мавқуф гузошта шавад, аммо қисми хулосавии ҳалномаро, суд бояд дар ҳамин маҷлиси судӣ, ки муҳокимаи парванда хотима ёфтааст, эълон намояд.
2. Қисми хулосавии эълоншудаи ҳалномаро бояд судя имзо гузорад ва он ба парванда замима мегардад.
Моддаи 204. Ислоҳи иштибоҳ ва хатогиҳои ошкори арифметикӣ дар ҳалнома
1. Суде, ки оид ба парвандаи маданӣ ҳалнома қабул намуда, онро эълон кардааст, ҳуқуқ надорад ин ҳалномаро бекор кунад ё тағйир диҳад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Суд метавонад бо ташаббуси худ ё дар асоси аризаи шахсони иштирокчии парванда иштибоҳ ё хатогиҳои ошкори арифметикиро, ки дар ҳалнома мавҷуданд, ислоҳ кунад. Масъалаи ворид намудани ислоҳ ба ҳалнома дар маҷлиси судӣ баррасӣ мегардад. Шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли баргузории маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои ҳалли масъала ҷиҳати ворид намудани ислоҳ ба ҳалнома монеа шуда наметавонад.
3. Нисбат ба таъинот оид ба ворид намудани ислоҳ ба ҳалнома шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
Моддаи 205. Ҳалномаи иловагӣ
1. Суде, ки вобаста ба парванда ҳалнома қабул намудааст, метавонад бо ташаббуси худ ё дар асоси аризаи шахси иштирокчии парванда дар ҳолатҳои зайл ҳалномаи иловагӣ қабул намояд, агар:
- оид ба ин ё он талаботе, ки шахсони иштирокчии парванда вобаста ба онҳо далелҳо пешниҳод намудаанд ё баёнот додаанд, аммо оид ба ин талабот ҳалнома қабул нашуда бошад;
- суд масъаларо оид ба ҳуқуқ ҳал намуда, андозаи маблағи ба фоидаи шахси дигар ситонидашаванда, молу мулки интиқолшаванда ё амалеро, ки бояд ҷавобгар анҷом диҳад, зикр накарда бошад;
- суд масъалаи хароҷоти судиро ҳал накарда бошад.
2. Масъалаи қабул намудани ҳалномаи иловагӣ метавонад то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома гузошта шавад. Ҳалномаи иловагиро суд баъди баррасии масъалаи зикргардида дар маҷлиси судӣ қабул менамояд, ки нисбат ба он метавонад шикоят пешниҳод гардад. Шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои баррасӣ ва ҳалли масъалаи қабул намудани ҳалномаи иловагии судӣ монеа шуда наметавонад.
3. Ҳангоми аз ҷониби суд рад намудани аризаи шахсони иштирокчии парванда оид ба қабули ҳалномаи иловагӣ суд дар ин бора таъинот қабул менамояд, ки нисбат ба он шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
Моддаи 206. Тавзеҳи ҳалнома
1. Ҳангоми норавшании ҳалнома суде, ки ҳалномаро қабул кардааст, ҳуқуқ дорад дар асоси аризаи шахсони иштирокчии парванда ҳалномаро бе тағйир додани мӯҳтавои он тавзеҳ диҳад. Тавзеҳи ҳалнома ҳангоме имконпазир мебошад, ки агар он иҷро нагардида бошад.
2. Масъалаи тавзеҳи ҳалнома дар маҷлиси судӣ баррасӣ мегардад. Шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли баргузории маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои ҳалли масъалаи тавзеҳи ҳалнома монеа шуда наметавонад.
Моддаи 207. Батаъхиргузорӣ ё ба давраҳо ҷудо намудани мӯҳлати иҷрои ҳалнома, тағйир додани тарз ва тартиби иҷрои ҳалнома
1. Суде, ки оид ба парванда ҳалнома қабул кардааст, ҳуқуқ дорад дар асоси аризаи шахсони иштирокчии парванда ва ё иҷрочии мақомоти иҷро, бо дарназардошти вазъи молумулкии тарафҳо ё дигар ҳолатҳо иҷрои ҳалномаро ба таъхир гузорад ё мӯҳлати иҷрои ҳалномаро ба давраҳо ҷудо намояд, инчунин тарз ва тартиби иҷрои ҳалномаро тағйир диҳад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1612).
2. Аризаи зикргардида дар маҷлиси судӣ баррасӣ мегардад. Шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд, аммо ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани онҳо барои ҳалли масъалаҳои дар назди суд гузошташуда монеа шуда наметавонад.
3. Нисбат ба таъинот оид ба масъалаҳои батаъхиргузорӣ ё ба давраҳо ҷудо намудани мӯҳлати иҷрои ҳалнома ҷиҳати тағйир додани тарз ва тартиби иҷрои ҳалнома шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
Моддаи 208. Муайян намудани тартиб ва мӯҳлати иҷрои ҳалнома, таъмини иҷрои ҳалнома
Дар ҳолатҳое, ки агар суд тартиб ва мӯҳлати муайяни иҷрои ҳалномаро муқаррар намояд, иҷрои фаврии ҳалномаро тақозо кунад ё ҷиҳати таъмини иҷрои он тадбирҳо андешад, дар ин хусус дар қисми хулосавии ҳалнома зикр карда мешавад.
Моддаи 209. Ҳалнома дар бораи додани молу мулк ё арзиши он
Ҳангоми дар шакли асл ситондани молу мулк суд дар ҳалнома арзиши молу мулкеро, ки бояд аз ҷавобгар ситонида шавад, нишон медиҳад, инчунин дар ҳалнома нишон дода мешавад, ки агар ҳангоми иҷрои ҳалнома молу мулки ситонидашаванда дар шакли асл мавҷуд набошад, аз ҷавобгар арзиши он ситонида мешавад.
Моддаи 210. Ҳалнома оид ба ӯҳдадор намудани ҷавобгар барои анҷом додани амалҳои муайян ё худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1855)
1. Ҳангоми қабул намудани ҳалнома оид ба ӯҳдадор намудани ҷавобгар барои анҷом додани амали муайяни ба интиқоли молу мулк ё маблағҳои пулӣ вобастанабуда суд бояд дар ҳамин ҳалнома зикр намояд, ки агар ҷавобгар ҳалномаро дар мӯҳлати муқарраргардида иҷро накунад, пас даъвогар ҳуқуқ дорад ин амалро аз ҳисоби ҷавобгар бо ситонидани хароҷоти зарурӣ аз ӯ анҷом диҳад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
2. Агар ин амалҳоро танҳо ҷавобгар анҷом диҳад, суд дар ҳалнома мӯҳлатеро муқаррар менамояд, ки дар давоми он ҳалнома бояд иҷро карда шавад. Ҳалномае, ки ташкилот ё мақомоти дастҷамъиро барои иҷрои амали дахлдори ба интиқоли молу мулк ё маблағҳои пулӣ вобастанабуда ӯҳдадор мекунад, аз ҷониби роҳбарони онҳо дар мӯҳлати муқаррарнамудаи суд иҷро карда мешавад. Дар сурати иҷро накардани ҳалнома бе сабабҳои узрнок суде, ки ҳалнома баровардааст, нисбат ба роҳбари ташкилот ё мақомоти дастҷамъӣ чораҳои пешбининамудаи қонунро меандешад.
3. Ҳангоми қабул намудани ҳалнома оид ба уҳдадор намудани ҷавобгар барои худдорӣ намудан аз содир намудани амали муайян суд бояд дар ҳалнома зикр намояд, ки ҷавобгар аз содир намудани кадом амали муайян худдорӣ намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1855).
Моддаи 211. Ҳалнома ба манфиати якчанд даъвогар ё ба муқобили якчанд ҷавобгар
1. Ҳангоми қабул намудани ҳалнома ба манфиати якчанд даъвогар суд дар ҳалнома бояд зикр намояд, ки он ба кадом ҳисса ба ҳар яки онҳо марбут аст ё зикр намояд, ки ҳуқуқи ситонидан муштарак мебошад.
2. Ҳангоми қабул намудани ҳалнома ба муқобили якчанд ҷавобгар суд дар ҳалнома зикр менамояд, ки бо кадом ҳисса ҳар яке аз ҷавобгарон бояд ҳалномаро иҷро кунанд ва ё зикр менамояд, ки ҷавобгарии онҳо муштарак мебошад.
Моддаи 212. Индексатсияи маблағҳои пулии мансубдонисташуда
1. Дар асоси аризаи ситонанда ё қарздор суде, ки парвандаро баррасӣ намудааст, метавонад индексатсияи маблағҳои пулии аз ҷониби суд ситонидашударо дар рӯзи иҷрои ҳалнома ҳал кунад.
2. Ариза дар маҷлиси судӣ баррасӣ карда мешавад. Шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли баргузории маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои ҳалли масъалаи индексатсияи маблағҳои мансубдонисташуда монеа шуда наметавонад.
3. Нисбат ба таъинот оид ба масъалаҳои индексатсияи маблағҳои пулии мансуб донисташуда шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
Моддаи 213. Эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома
1. Ҳалнома баъди гузаштани мӯҳлати шикоят ва эътирози кассатсионӣ эътибори қонунӣ пайдо мекунад, агар нисбат ба он шикоят ва эътирози кассатсионӣ пешниҳод нашуда бошад. Дар сурати пешниҳод намудани шикоят ва эътирози кассатсионӣ ҳалнома аз рӯзи қабули қарори марҳилаи кассатсионӣ эътибори қонунӣ пайдо мекунад, агар он бо қарори марҳилаи кассатсионӣ бекор карда нашуда бошад.
2. Баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома тарафҳо ва дигар шахсони иштирокчии парванда, ворисони ҳуқуқии онҳо наметавонанд аз нав ба суд бо ҳамин талабот ва тибқи ҳамин асос даъво пешниҳод кунанд, инчунин дар дигар мурофиаи маданӣ ҳолатҳо ва муносибатҳои ҳуқуқии муқаррарнамудаи судро мавриди баҳс қарор диҳанд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
3. Агар баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома, ки дар асоси он аз ҷавобгар пардохтҳои давравӣ ситонида мешавад, ҳолатҳо тарзе тағйир ёбанд, ки ба муайян намудани ҳаҷми пардохт ё давомнокии он таъсир мерасонанд, ҳар яке аз тарафҳо ҳуқуқ дорад бо роҳи пешниҳоди даъвои нав тағйир додани ҳаҷм ва мӯҳлати пардохтро талаб намояд.
Моддаи 214. Иҷрои ҳалнома
1. Ҳалнома баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани он, ба истиснои ҳолатҳои иҷрои фаврӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ва ҳамин Кодекс иҷро карда мешавад.
2. Қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин боб, инчунин нисбат ба дигар санадҳои судие, ки дар моддаи 14 ҳамин Кодекс зикр гардидаанд ва мутобиқи онҳо мурофиа дар суди марҳилаи якум қатъ мегардад, татбиқ карда мешаванд.
Моддаи 215. Ҳалномае, ки бояд фавран иҷро карда шавад
1. Ҳалномаҳои зерин бояд фавран иҷро карда шаванд:
- оид ба ситонидани алимент;
- оид ба ситонидани музди меҳнат ба корманд;
- оид ба барқарор намудан ба кор;
- оид ба ҷуброни расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ;
- оид ба ҷуброни зараре, ки вобаста ба фавти саробон расонида шудааст;
- оид ба бистарикунонии маҷбурии шахси гирифтори бемории сил ва таъини ташхиси ҳатмӣ барои ошкор кардани бемории сил дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1309);
- оид ба ҳамроҳ кардани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати интихобкунандагон, иштирокчиёни раъйпурсӣ.
2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда аз даъвогар дар сурати бекор карда шудани ҳалнома таъмин кардани баргашти иҷрои он талаб карда намешавад.
Моддаи 216. Фавран иҷро намудани ҳалнома тибқи аризаи даъвогар
1. Суд метавонад тибқи аризаи даъвогар иҷрои фаврии ҳалномаро талаб кунад, агар вобаста ба ҳолатҳои махсус ба таъхир гузоштани иҷрои ҳалнома тавонад ба ситонанда зарари калон расонад ё худи иҷро имконнопазир гардад. Суд ҳангоми иҷозати иҷрои фаврии ҳалнома метавонад аз даъвогар дар сурати бекор кардани ҳалнома таъмини баргашти иҷрои ҳалномаро талаб намояд.
2. Масъалаи иҷозат додани иҷрои фаврии ҳалнома дар маҷлиси судӣ баррасӣ мегардад. Шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои ҳалли масъалаи иҷрои фаврии ҳалнома монеа шуда наметавонад.
3. Нисбат ба таъинот оид ба масъалаи иҷрои фаврии ҳалнома шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд. Пешниҳоди шикояти хусусӣ нисбат ба таъинот оид ба иҷрои фаврии ҳалнома ҷараёни иҷрои ин таъинотро бознамедорад.
Моддаи 217. Таъмини иҷрои ҳалнома
Суд иҷрои ҳалномаро, ки барои иҷрои фаврӣ пешниҳод нашудааст, тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи боби 13 ҳамин Кодекс таъмин менамояд.
Моддаи 218. Нусхаҳои ҳалнома ва супоридани онҳо
1. Ҳалномае, ки дар шакли электронӣ тартиб дода шудааст, на дертар аз панҷ рӯзи пас аз қабул шудани он, ба шахсони иштирокчии парванда бо ҷойгир намудани он дар сомонаи суд дар реҷаи дастрасии маҳдуд ирсол карда мешавад. Нусхаи ҳалнома дар шакли хаттӣ (коғазӣ) бо дархости шахсони номбурда дар ҳамин мӯҳлат, тавассути почта бо огоҳинома оид ба супоридан ирсол карда мешавад ва (ё) бо гирифтани забонхат ба онҳо супорида мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
2. То ба ҳар як шахси иштирокчии парванда, супоридани нусхаи тасдиқгардидаи ҳалномаи эълоншуда ва пурра таҳиягардида ба ситонанда нусхаи ҳалнома, ки барои иҷрои маҷбурӣ зарур аст, дода намешавад.
Моддаи 219. Додани нусхаҳои иловагӣ ва дубликатҳои нусхаи ҳуҷҷатҳои судӣ
1. Додани беш аз як адад нусхаи ҳуҷҷати судӣ танҳо ҳангоме имконпазир аст, ки агар якчанд ситонанда бо талаботи аз ҳамдигар мустақили дар ҳуҷҷати иҷро зикргардида мавҷуд бошанд ё агар якчанд қарздоре мавҷуд бошанд, ки ӯҳдадоранд иҷрои талаботи аз ҳамдигар мустақилро вобаста ба ҳуҷҷати иҷро таъмин кунанд.
2. Дубликати нусхаи ҳуҷҷатҳо дар асоси аризаи шахсони иштирокчии парванда дода мешавад. Дар ариза оид ба додани нусхаи ҳуҷҷат сабабҳои гум кардани нусхаи ҳуҷҷат ва тадбирҳое, ки ҷиҳати пайдо кардани онҳо андешида шудаанд, зикр мегарданд.
БОБИ 17. БОЗДОШТАНИ БАРРАСИИ ПАРВАНДА
Моддаи 220. Ӯҳдадории суд оид ба боздоштани баррасии парванда
Суд ӯҳдадор аст дар ҳолатҳои зерин баррасии парвандаро боздорад:
- фавти шаҳрванд, агар муносибатҳои баҳсноки ҳуқуқӣ ворисии ҳуқуқиро иҷозат диҳад ё азнавташкилшавии шахси ҳуқуқӣ, ки дар парванда тараф ё шахси сеюми дорои талаботи мустақил мебошад;
- ғайри қобили амал эътироф намудани тараф ё набудани намояндаи қонунии шахсе, ки ғайри қобили амал эътироф шудааст;
- иштироки ҷавобгар дар амалиёти ҷангӣ, иҷрои вазифаҳо дар шароити вазъияти фавқулодда ва ё ҳолати ҷангӣ, инчунин дар шароити муноқишаҳои мусаллаҳона ё бо хоҳиши даъвогаре, ки дар амалиёти ҷангӣ иштирок мекунад ё вазифаҳоро дар шароити вазъияти фавқулодда ва ҳолати ҷангӣ, инчунин дар шароити муноқишаҳои мусаллаҳона анҷом медиҳад;
- имконнопазирии баррасии ҳамин парванда то ҳал намудани дигар парвандае, ки дар мурофиаи судии маданӣ, ҷиноятӣ ё иқтисодӣ баррасӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022);
- ҳангоми муроҷиати суд ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи конститутсионӣ будани қонуни татбиқшуда ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда.
Моддаи 221. Ҳуқуқи суд оид ба боздоштани баррасии парванда
Суд метавонад дар асоси аризаи иштирокчиёни парванда ё бо ташаббуси худ дар ҳолатҳои зайл баррасии парвандаро боздорад:
- ҳангоми дар муассисаи табобатӣ будани тараф;
- ҷустуҷӯи ҷавобгар;
- аз ҷониби суд таъин намудани экспертиза;
- таъин намудани санҷиши шароити истиқомат аз ҷониби мақомоти васӣ ва парастор оид ба парвандаҳои фарзандхондӣ ва дигар парвандаҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон дахл доранд;
- дар сафари хизматӣ будани тараф;
- аз ҷониби суд ирсол намудани супориши судӣ.
Моддаи 222. Мӯҳлатҳои боздоштани баррасии парванда
Баррасии парванда дар мӯҳлатҳои зерин боздошта мешавад:
- мутобиқи сархатҳои якум ва дуюми моддаи 220 ҳамин Кодекс, то муайян намудани вориси ҳуқуқии шахси иштирокчии парванда ё ба шахси ғайри қобили амал таъин намудани намояндаи қонунӣ;
- мутобиқи сархати сеюми моддаи 220 ва моддаи 221 ҳамин Кодекс то аз байн бурдани ҳолатҳое, ки барои боздоштани мурофиаи парванда асос гардидаанд;
- мутобиқи сархати чоруми моддаи 220 ҳамин Кодекс то эътибори қонунӣ пайдо кардани қарор, ҳалнома, ҳукм, таъинот;
- мутобиқи сархати панҷуми моддаи 220 ҳамин Кодекс то баррасӣ намудани дархост аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 223. Шикояти хусусӣ нисбат ба таъинот оид ба боздоштани баррасии парванда
Нисбат ба таъинот оид ба боздоштани баррасии парванда шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
Моддаи 224. Аз нав оғоз намудани баррасии парванда
Баррасии парванда баъди бартараф намудани ҳолатҳое, ки боиси боздоштани он гардидаанд, дар асоси аризаи шахсони иштирокчии парванда ё бо ташаббуси суд аз нав оғоз карда мешавад. Ҳангоми аз нав оғоз намудани баррасии парванда судя таъинот қабул мекунад ва дар ин бора шахсони иштирокчии парвандаро огоҳ месозад.
БОБИ 18. ҚАТЪ НАМУДАНИ БАРРАСИИ ПАРВАНДА
Моддаи 225. Асосҳо барои қатъ намудани баррасии парванда
Суд баррасии парвандаро дар ҳолатҳои зерин қатъ менамояд, агар:
- парванда дар суд бо тартиби мурофиаи судии маданӣ, мутобиқи асосҳои пешбининамудаи сархати якуми қисми 1 моддаи 137 ҳамин Кодекс баррасӣ ва ҳал карда нашавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022);
- ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдокардаи суд оид ба баҳси байни ҳамин тарафҳо вобаста ба ҳамин мавзӯъ ва тибқи ҳамин асосҳо ё таъиноти суд дар хусуси қатъи баррасии парванда вобаста ба даст кашидани даъвогар аз даъво ё дар хусуси тасдиқи созиши оштии тарафҳо мавҷуд бошад;
- даъвогар аз даъво даст кашида бошад ва суд онро қабул карда бошад;
- тарафҳо созиши оштӣ баста бошанд ва суд онро тасдиқ карда бошад;
- ҳалномаи суди ҳакамӣ оид ба баҳси байни ҳамин тарафҳо вобаста ба ҳамин мавзӯъ ва тибқи ҳамин асосҳо, ки барои тарафҳо ҳатмӣ мебошад, мавҷуд бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки суд додани варақаи иҷроро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ рад намуда бошад;
- баъди фавти шаҳрванд ё барҳам додани шахси ҳуқуқӣ, ки яке аз тарафҳои парванда мебошанд, муносибатҳои ҳуқуқии баҳснок ворисии ҳуқуқиро иҷозат намедиҳад.
Моддаи 226. Тартиб ва оқибатҳои қатъ намудани баррасии парванда
1. Баррасии парванда тибқи таъинот қатъ мегардад. Ҳангоми қатъ намудани баррасии парванда муроҷиати такрорӣ ба суд оид ба баҳси байни ҳамин тарафҳо, вобаста ба ҳамин мавзӯъ ва тибқи ҳамин асосҳо иҷозат дода намешавад.
2. Нисбат ба таъинот оид ба қатъ намудани баррасии парванда шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикоят ва эътироз пешниҳод намоянд.
БОБИ 19. БЕ БАРРАСӢ МОНОНДАНИ АРИЗА
Моддаи 227. Асосҳои бе баррасӣ монондани ариза
Суд аризаро дар ҳолатҳои зерин бе баррасӣ мемонад, агар:
- ариза аз ҷониби шахси ғайри қобили амал пешниҳод шуда бошад;
- ариза аз ҷониби шахсе имзо ё пешниҳод гардида бошад, ки барои имзои он ё пешниҳоди ариза ваколат надорад;
- дар баррасии ҳамин суд, суди дигар ё суди иқтисодӣ парвандаи қаблан оғознамуда оид ба баҳси байни ҳамин тарафҳо дар ҳамин мавзӯъ ва тибқи ҳамин асосҳо мавҷуд бошад;
- созиши тарафҳо дар хусуси супоридани ҳамин баҳс ба баррасӣ ва ҳалли суди ҳакамӣ мавҷуд бошад ва аз ҷавобгар то оғози моҳиятан баррасӣ намудани парванда оид ба баррасӣ ва ҳалли он ба суд норозигӣ ворид шуда бошад;
- тарафҳо дар ғоибии онҳо баррасӣ намудани парвандаро хоҳиш накарда бошанд ва баъди дубора даъват намудан низ ба суд ҳозир нашуда бошанд;
- даъвогаре, ки дар ғоибии у баррасӣ намудани парвандаро хоҳиш накарда бошад, баъди дубора даъват намудан низ ба суд ҳозир нашуда бошад ва ҷавобгар моҳиятан баррасӣ намудани парвандаро талаб накарда бошад.
Моддаи 228. Тартиб ва оқибатҳои бе баррасӣ монондани ариза
1. Суд оид ба бе баррасӣ монондани ариза таъинот қабул мекунад ва дар таъинот ҳолатҳои дар моддаи 227 ҳамин Кодекс номбаршударо, ки ба баррасии парванда монеа мегарданд, зикр менамояд ва роҳҳои бартараф намудани онҳоро тавзеҳ медиҳад.
2. Баъд аз бартараф шудани ҳолатҳое, ки барои бе баррасӣ монондани ариза асос шудаанд, шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад ба суд тибқи тартиби умумӣ бо ариза муроҷиат кунад.
3. Суде, ки таъинотро ҷиҳати бе баррасӣ монондани ариза қабул намудааст, бо дархости даъвогар ё ҷавобгар тибқи асосҳои сархати панҷуми моддаи 227 ҳамин Кодекс таъиноташро метавонад бекор намояд, агар даъвогар ё ҷавобгар ба суд далелҳои тасдиқкунандаи бо сабабҳои узрнок ҳозир нашудан ба маҷлиси судӣ ва имконнопазирии иттилоъ додани онро пешниҳод намоянд.
4. Нисбат ба таъинот оид ба рад намудани қонеъгардонии чунин дархост шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
БОБИ 20. ТАЪИНОТ
Моддаи 229. Қабул намудани таъинот
1. Санадҳои судии марҳилаи якум, ки мутобиқи онҳо парванда моҳиятан ҳал намегардад, дар шакли таъинот қабул карда мешаванд. Таъинот дар хонаи алоҳида тибқи тартиби пешбининамудаи моддаи 198 ҳамин Кодекс қабул карда мешавад.
2. Ҳангоми ҳал намудани масъалаҳое, ки ҳаллашон ба идома додани мурофиа монеа намегардад, судя метавонад бе гузаштан ба хонаи алоҳида таъинот қабул намояд. Чунин таъинот дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ мегардад.
3. Таъинот баъди қабул намудани он фавран эълон карда мешавад.
Моддаи 230. Мӯҳтавои таъинот
1. Дар таъинот бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд:
- сана ва маҳалли қабули таъинот;
- номи суде, ки таъинотро қабул намудааст, насаб, ном ва номи падари судя ва котиби маҷлиси судӣ (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- насаб, ном ва номи падари шахсони иштирокчии парванда, мавзӯи баҳс ё талаботи пешниҳодшуда (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- масъалае, ки вобаста ба он таъинот қабул карда шудааст;
- асосҳое, ки тибқи он суд хулосаи худро қабул намудааст ва истинод ба қонуне, ки суд ба роҳбарӣ гирифтааст;
- хулосаи суд;
- тартиб ва мӯҳлати пешниҳоди шикоят ва эътироз нисбат ба таъинот, агар нисбат ба он шикоят ва эътироз овардан мумкин бошад.
2. Таъиноте, ки суд бе гузаштан ба хонаи алоҳида қабул менамояд, бояд маълумоти дар сархатҳои чорум-шашуми қисми 1 ҳамин модда зикргардидаро дар бар гирад.
Моддаи 231. Таъиноти хусусӣ
1. Ҳангоми муайян кардани ҳолатҳои вайронкунии қонун суд ҳуқуқ дорад таъиноти хусусӣ қабул намояд ва онро ба ташкилот ва шахсони мансабдори дахлдор ирсол намояд, ки онҳо ӯҳдадоранд дар мӯҳлати як моҳ аз тадбирҳои андешидаашон ба суд иттилоъ диҳанд.
2. Дар сурати пешниҳод накардани маълумот оид ба тадбирҳои андешидашуда, шахсони мансабдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Ҷавобгарии маъмурӣ шахсони мансабдорро аз уҳдадории додани маълумот оид ба тадбирҳое, ки мутобиқи таъиноти хусусии суд андешида шудаанд, озод намекунад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1474).
3. Агар ҳангоми баррасии парванда суд дар амали тарафҳо, дигар иштирокчиёни мурофиа, шахси мансабдор ё дигар шахс аломати ҷиноятро ошкор намояд, маводи дахлдорро барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба қонунвайронкунанда ба мақомоти прокуратура ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
4. Нисбат ба таъиноти хусусӣ шахсони иштирокчии парванда ва шахси нисбаташ таъиноти хусусӣ қабулгардида метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
Моддаи 232. Ба шахсони иштирокчии парванда супоридани нусхаи таъинот
(Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1167)
Ба шахсони иштирокчии парванда нусхаи таъинот дар бораи мавқуф гузоштан ё боздоштани баррасии парванда мувофиқи дархосташон ва нусхаи таъинот дар бораи қатъи истеҳсолот оид ба парванда ё бе баррасӣ монондани ариза бошад, дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи қабул гардиданаш ба таври дахлдор тасдиқ карда шуда, супорида мешавад. Таъиноте, ки дар шакли санади судии алоҳида қабул гардида, дар шакли электронӣ тартиб дода шудааст, на дертар аз панҷ рӯзи пас аз қабул шудани он ба шахсони иштирокчии парванда ва шахсони дигари манфиатдор тавассути ҷойгир намудани он дар сомонаи суд дар реҷаи дастрасии махдуд ирсол карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1167, аз 24.12.2022 № 1930).
БОБИ 21. ПРОТОКОЛҲО
Моддаи 233. Ҳатмӣ будани таҳияи протокол
Дар ҷараёни ҳар як маҷлиси судии марҳилаи якум, инчунин ҳангоми ҳама гуна амали мурофиавӣ, ки берун аз маҷлиси судӣ гузаронида мешавад, протокол тартиб дода мешавад.
Моддаи 234. Мӯҳтавои протокол
1. Протоколи маҷлиси судӣ ё амали ҷудогонаи мурофиавии берун аз маҷлиси судӣ гузарондашуда бояд ҳамаи маълумоти муҳимро оид ба баррасии парванда ё гузаронидани амали ҷудогонаи мурофиавӣ инъикос намояд.
2. Дар протоколи маҷлиси судӣ маълумотҳои зерин зикр мегарданд:
- сол, моҳ, сана ва маҳалли маҷлиси судӣ;
- оғоз ва анҷоми маҷлиси судӣ;
- номи суде, ки парвандаро баррасӣ намудааст, насаб, ном ва номи падари судя, котиби маҷлиси судӣ ва дигар шахсони иштирокчии парванда (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- номи парванда;
- маълумот дар бораи ҳозир шудани шахсони иштирокчии парванда, намояндагони онҳо, шоҳидон, коршиносони судӣ, мутахассисон ва тарҷумонҳо;
- маълумот оид ба тавзеҳи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони иштирокчии парванда, намояндагони онҳо, инчунин шоҳидон, коршиносони судӣ, мутахассисон ва тарҷумонҳо;
- амри раисикунандаи маҷлиси судӣ ва таъиноте, ки суд дар толори маҷлиси судӣ қабул намудааст;
- аризаҳо, дархостҳо ва баёноти шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо;
- нишондоди шоҳидон, аз ҷониби коршиносони судӣ тавзеҳ додани хулосаҳои худ, маслиҳат ва эзоҳи мутахассисон;
- маълумот дар хусуси эълон кардани далелҳои хаттӣ оид ба азназаргузаронии далелҳои шайъӣ, шунидани сабтҳои овоз ва тамошои сабтҳои видео;
- мӯҳтавои хулосаи прокурор ва намояндагони мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ;
- мӯҳтавои музокираҳои судӣ;
- маълумот оид ба эълон ва тавзеҳи мӯҳтавои ҳалнома ва таъиноти суд, шарҳи тартиб ва мӯҳлати шикоят ва эътироз нисбат ба онҳо;
- маълумот дар хусуси ба шахсони иштирокчии парванда тавзеҳ додани ҳуқуқҳояшон ҷиҳати шинос шудан бо протоколи маҷлиси судӣ ва нисбати он пешниҳод намудани эродҳо;
- дар бораи ҷойгир намудани ҳалнома дар сомонаи суди дахлдор ҳангоми мавҷуд будани розигии иштирокчиёни мурофиаи судӣ (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1856).
- санаи тартиб додани протоколи маҷлиси судӣ.
Моддаи 235. Тартиб додани протокол
1. Протоколро котиби маҷлиси судӣ дар маҷлиси судӣ ё ҳангоми гузаронидани амали ҷудогонаи мурофиавӣ берун аз маҷлиси судӣ тартиб медиҳад. Протокол дар шакли хаттӣ таҳия мегардад. Суд метавонад барои таъмини мукаммалии таҳияи протокол стенография, воситаҳои сабти овоз ва дигар воситаҳои техникиро истифода барад. Дар хусуси истифодаи воситаҳои техникии сабти овоз ва дигар воситаҳои техникии сабти ҷараёни маҷлиси судӣ дар протокол зикр карда мешавад. Ҳомили техникии сабти овоз ба протоколи маҷлиси судӣ замима мегардад.
2. Шахсони иштирокчии парванда, намояндагони онҳо ҳуқуқ доранд дар хусуси эълон кардани ин ё он қисми протокол, ба протокол дохил намудани маълумот оид ба ҳолатҳое, ки онҳоро барои парванда муҳим мешуморанд, дархост пешниҳод намоянд.
3. Протоколи маҷлиси судӣ бояд дар мӯҳлати на дертар аз панҷ рӯзи баъди хотима ёфтани маҷлиси судӣ ва протокол оид ба амали алоҳидаи мурофиавӣ дар мӯҳлати на дертар аз рӯзи дигари анҷом додани он тартиб дода шавад.
4. Протоколи маҷлиси судиро раисикунандаи маҷлиси судӣ ва котиби маҷлиси судӣ имзо мегузоранд. Ҳамаи тағйиру иловаҳо ва ислоҳот дар протокол бояд тавзеҳ дода шуда, бо имзои раисикунанда ва котиби маҷлиси судӣ тасдиқ карда шаванд.
Моддаи 236. Эродҳо нисбат ба протокол
Шахсони иштирокчии парванда, намояндагони онҳо ҳуқуқ доранд бо протокол шинос шуда, дар мӯҳлати панҷ рӯз аз рӯзи имзо шудани он дар шакли хаттӣ эродҳои худро нисбат ба протокол бо зикри носаҳеҳиҳо ё номукаммалии он пешниҳод кунанд.
Моддаи 237. Баррасии эродҳо нисбат ба протокол
1. Эродҳоро нисбат ба протокол раисикунандаи маҷлиси судӣ бо иштироки котиби маҷлиси судӣ баррасӣ менамояд. Ҳангоми розӣ будан бо эродҳо раисикунандаи маҷлиси судӣ саҳеҳии онҳоро тасдиқ менамояд ва ҳангоми розӣ набудан оид ба пурра ё қисман рад намудани онҳо таъиноти асоснок қабул менамояд. Эродҳо ба парванда замима мегарданд.
2. Эродҳо ба протокол бояд дар мӯҳлати панҷ рӯз аз рӯзи пешниҳод намудан баррасӣ карда шаванд.
БОБИ 22. МУРОФИАИ ҒОИБОНА
Моддаи 238. Асосҳо барои мурофиаи ғоибона
1. Ҳангоми ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани ҷавобгаре, ки оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ шудааст, дар мӯҳлати на камтар аз се рӯз оид ба ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта хабардор шуда, аммо дар хусуси сабабҳои узрноки ҳозир нашуданаш иттилоъ надодааст, дар ғоибиаш баррасӣ шудани парвандаро хоҳиш накардааст, парванда мумкин аст тибқи тартиби мурофиаи ғоибона баррасӣ карда шавад. Суд дар хусуси бо тартиби ғоибона баррасӣ намудани парванда таъинот қабул менамояд.
2. Ҳангоми дар парванда иштирок доштани якчанд ҷавобгарон баррасӣ бо тартиби мурофиаи ғоибона танҳо ҳангоми ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани ҳамаи ҷавобгарон имконпазир аст.
3. Агар даъвогари ба маҷлиси судӣ ҳозиршуда ба баррасии парванда бо тартиби мурофиаи ғоибона бе иштироки ҷавобгар розӣ набошад, суд муҳокимаи парвандаро мавқуф гузошта, ба ҷавобгар оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси нави судӣ огоҳинома мефиристад.
4. Ҳангоми аз ҷониби даъвогар тағйир додани мавзӯъ ё асосҳои даъво, зиёд кардани ҳаҷми талаботи даъво суд ҳуқуқ надорад парвандаро бо тартиби мурофиаи ғоибона дар ҳамин маҷлиси судӣ баррасӣ намояд.
Моддаи 239. Қабул намудани ҳалномаи ғоибона
Барои баррасии парванда бо тартиби мурофиаи ғоибона суд аз рӯи асосҳои умумӣ маҷлиси судиро гузаронида, далелҳоеро, ки шахсони иштирокчии парванда пешниҳод намудаанд, санҷида, ваҷҳҳои онҳоро ба инобат гирифта, ҳалнома қабул менамояд, ки он ҳалномаи ғоибона номида мешавад.
Моддаи 240. Мӯҳтавои ҳалномаи ғоибона
1. Мӯҳтавои ҳалномаи ғоибона тибқи муқаррароти моддаи 202 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
2. Дар қисми хулосавии ҳалномаи ғоибона бояд тартиб ва мӯҳлати додани ариза оид ба бекор намудани ҳалномаи ғоибона нишон дода шавад.
Моддаи 241. Ирсоли нусхаи ҳалномаи ғоибона
Нусхаи ҳалномаи ғоибона ба даъвогар ва ҷавобгар дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз аз рӯзи қабули ҳалномаи ғоибона бо огоҳинома оид ба супоридани он ирсол мегардад.
Моддаи 242. Шикоят намудан нисбат ба ҳалномаи ғоибона
1. Ҷавобгар ҳуқуқ дорад ба суде, ки ҳалномаи ғоибонаро қабул кардааст, оид ба бекор кардани ин ҳалнома ариза пешниҳод намояд.
2. Ариза оид ба бекор кардани ҳалномаи ғоибона метавонад дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи ба ҷавобгар супоридани нусхаи ҳалномаи ғоибона пешниҳод карда шавад.
Моддаи 243. Мӯҳтавои ариза оид ба бекор кардани ҳалномаи ғоибона
1. Ариза оид ба бекор кардани ҳалномаи ғоибона бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:
- номи суде, ки ҳалномаи ғоибона қабул кардааст;
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки ариза пешниҳод кардааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- ҳолатҳое, ки дар хусуси узрнокии ҳозир нашудани ҷавобгар ба маҷлиси судӣ гувоҳӣ медиҳанд ва ӯ натавонистааст сари вақт ба суд иттилоъ диҳад, далелҳое, ки ин ҳолатҳоро тасдиқ мекунанд, инчунин ҳолат ва далелҳое, ки метавонанд ба мӯҳтавои ҳалномаи ғоибона таъсир расонанд;
- талаби шахсе, ки ариза пешниҳод намудааст;
- номгӯи ҳуҷҷатҳои ба ариза замимагардида.
2. Ариза оид ба бекор кардани ҳалномаи ғоибона аз ҷониби ҷавобгар ва ҳангоми мавҷуд будани ваколат аз ҷониби намояндаи ӯ имзо гардида, ба суд бо нусхаҳо, мутаносибан ба теъдоди шахсони иштирокчии парванда пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 244. Амали суд баъд аз воридшавии ариза оид ба бекор кардани ҳалномаи ғоибона
Суд шахсони иштирокчии парвандаро оид ба вақт ва маҳалли баррасии ариза дар хусуси бекор кардани ҳалномаи ғоибона огоҳ намуда, ба онҳо нусхаҳои ариза ва ҳуҷҷатҳои замимашударо ирсол медорад.
Моддаи 245. Баррасӣ ва ҳалли ариза оид ба бекор кардани ҳалномаи ғоибона
1. Суд аризаро оид ба бекор кардани ҳалномаи ғоибона дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи воридшавӣ ба суд дар маҷлиси судӣ баррасӣ менамояд. Ҳозир нашудани шахсони иштирокчии парванда, ки оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ гардидаанд, ба баррасии ариза монеа шуда наметавонад.
2. Суде, ки парвандаро дар хусуси бекор кардани ҳалномаи ғоибона баррасӣ менамояд, оид ба рад намудани қонеъ кардани ариза ё бекор кардани ҳалномаи ғоибона ва аз нав оғоз намудани моҳиятан баррасии парванда таъинот қабул мекунад.
3. Тарафҳо метавонанд нисбат ба таъинот дар бораи рад намудани қонеъ кардани ариза оид ба бекор кардани ҳалномаи ғоибона бо тартиби кассатсионӣ дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи қабул кардани таъинот дар бораи рад намудани қонеъ кардани ариза оид ба бекор кардани ҳалномаи ғоибона шикояти кассатсионӣ пешниҳод намоянд.
Моддаи 246. Асосҳои бекор кардани ҳалномаи ғоибона
Ҳалномаи ғоибона бояд бекор карда шавад, агар суд муқаррар намояд, ки ҳозир нашудани ҷавобгар ба маҷлиси судӣ бо сабабҳои узрнок сурат гирифта бошад ва ӯ наметавонист сари вақт ба суд дар ин бора хабар диҳад ва ҳамзамон ҷавобгар ба ҳолатҳое истинод намояд ва далелҳое пешниҳод кунад, ки метавонанд ба мӯҳтавои ҳалномаи ғоибона таъсир расонанд.
Моддаи 247. Аз нав оғоз намудани моҳиятан баррасии парванда
1. Суд баъд аз бекор кардани ҳалномаи ғоибона моҳиятан баррасӣ намудани парвандаро аз нав оғоз менамояд.
2. Ҳангоми ҳозир нашудани ҷавобгар ба мурофиаи судӣ, ки оид ба вақт ва маҳалли баргузории маҷлиси судӣ ба таври дахлдор огоҳ карда шудааст, ҳалномаи ҳангоми баррасии нави парванда қабулнамудаи суд ғоибона ҳисобида намешавад.
3. Ҷавобгар ҳуқуқ надорад, ки бо аризаи такрорӣ барои аз нав бо тартиби мурофиаи ғоибона баррасӣ намудани ҳамин ҳалнома ба суд муроҷиат намояд.
Моддаи 248. Эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи ғоибона
1. Ҳалномаи ғоибона бо гузашти мӯҳлати шикояти он, ки моддаи 242 ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
2. Ҳангоми номаълум будани маҳалли воқеии истиқомати ҷавобгар, судя баъди аз ҷониби ташкилоти истифодаи манзил ё мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ё маъмурияти ҷойи кори охирини ҷавобгар бо тасдиқи номуайян будани маҳалли зисти воқеии ҷавобгар баргардонидани нусхаи ҳалнома, дар ҳолатҳои истисноие, ки ин ба манфиатҳои ноболиғон дахл дорад, оид ба ошкоро супоридани ҳалномаи ғоибона таъинот қабул мекунад. Дар таъинот талаботҳои дар қисми 2 моддаи 121 ҳамин Кодекс пешбинишуда нишон дода шуда, нусхаи он аз рӯзи қабул шуданаш дар ҷойи эълонҳои судӣ ҷойгир карда мешавад. Ҳалномаи ғоибона пас аз гузаштани як моҳ аз рӯзи ҷойгир кардани нусхаи таъинот дар ҷойи эълонҳои судӣ ба ҷавобгар ба таври ошкоро супоридашуда ҳисоб ёфта, пас аз ин бо гузаштани мӯҳлати пешбининамудаи моддаи 242 ҳамин Кодекс эътибори қонунӣ пайдо мекунад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
ЗЕРФАСЛИ III МУРОФИАИ ПАРВАНДАҲОЕ, КИ АЗ МУНОСИБАТҲОИ ҲУҚУҚИ ОММА БАРМЕОЯНД
БОБИ 23. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 249. Хориҷ карда шуд
 - оид ба аризаҳо дар бораи мавриди баҳс  қарор  додани  қарор  ва амали  (беамалии)  мақомоти ҳокимияти давлатӣ,  мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ;
     - оид  ба  аризаҳо дар бораи ҳифзи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳуқуқи иштирок дар раъйпурсӣ;
    - хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1091)
     - дигар парвандаҳое,  ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд ва тибқи қонун ба салоҳияти судҳои юрисдиксияи умумӣ мансуб мебошанд.
Моддаи 250. Баррасӣ ва ҳалли парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд
1. Парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, мутобиқи қоидаҳои умумии мурофиаи судии маданӣ, бо хусусиятҳои муқаррарнамудаи ҳамин боб, бобҳои 24, 25, 26 ҳамин Кодекс, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва ҳал карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Ҳангоми баррасӣ ва ҳалли парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, қоидаҳо оид ба мурофиаи ғоибонаи муқаррарнамудаи боби 22 ҳамин Кодекс татбиқ намегарданд.
3. Ҳангоми баррасӣ ва ҳалли парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, меъёрҳои мурофиаи даъвоӣ оид ба эътирофи даъво, даъвои муқобили даъво, тадбирҳои таъмини даъво, созиши оштии тарафҳо татбиқ намегарданд.
4. Ҳангоми баррасӣ ва ҳалли парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, суд метавонад ба маҷлиси судӣ ҳозир шудани намояндаи мақоми ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахси мансабдор ё хизматчии давлатиро ҳатмӣ эътироф кунад. Суд ҳангоми ҳозир нашудани шахсони зикргардида метавонад онҳоро ба андозаи то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ кунад.
Моддаи 251. Тартиби муроҷиат ба суд
1. Суд ба баррасии парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, дар асоси аризаи шахсони манфиатдор шурӯъ мекунад. Дар ариза бояд зикр гардад, ки кадом қарор, амал (беамалӣ) бояд ғайриқонунӣ эътироф гардад ва кадом ҳуқуқ ва озодиҳои мушаххаси шахс бо ин қарор, амал (беамалӣ) вайрон карда шудаанд.
2. Муроҷиати шахси манфиатдор ба мақоми болоӣ ё ба шахси мансабдори болоӣ барои пешниҳоди ариза ба суд шарти ҳатмӣ намебошад.
Моддаи 252. Рад намудани қабули ариза ё қатъи баррасии парванда, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд
1. Баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, шахсони иштирокчии парванда, инчунин дигар шахсон наметавонанд оид ба ҳамин талабот ё тибқи ҳамин асосҳо ба суд ариза пешниҳод кунанд.
2. Судя қабули аризаро рад менамояд ё баррасии парвандаро, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, қатъ мекунад, агар оид ба ариза дар ҳамин мавзӯъ ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдокардаи суд мавҷуд бошад.
Моддаи 253. Ӯҳдадориҳои исбот кардан оид ба парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд
1. Ӯҳдадории исбот кардани ҳолатҳои барои қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ асосгардида, қонунӣ будани онҳо, инчунин қонунӣ будани қарор, амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, ки мавриди баҳс қарор гирифтаанд, ба зиммаи мақомоти чунин санади меъёрии ҳуқуқиро қабулкарда, инчунин мақомот ва шахсоне гузошта мешавад, ки қарори мавриди баҳсро қабул кардаанд ё амали (беамалии) мавриди баҳсро анҷом додаанд.
2. Ҳангоми баррасӣ ва ҳалли парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, суд бо ташаббуси худ ва бо мақсади ҳалли дурусти парванда метавонад далелҳоро талаб намояд. Шахсони мансабдоре, ки талаботи судро оид ба пешниҳоди далелҳо иҷро намекунанд, ба андозаи то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ карда мешаванд.
БОБИ 24. МУРОФИА ОИД БА ПАРВАНДАҲО ДАР БОРАИ МАВРИДИ БАҲС ҚАРОР ДОДАНИ ҚАРОР, АМАЛИ (БЕАМАЛИИ) МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ, МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ МАҲАЛЛӢ, ШАХСОНИ МАНСАБДОР ВА ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 254. Пешниҳоди ариза дар бораи мавриди баҳс қарор додани қарор, амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ
1. Шаҳрвандон ва ташкилотҳо ҳуқуқ доранд дар суд қарор, амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатиро мавриди баҳс қарор диҳанд, агар чунин шуморанд, ки ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо вайрон карда шудааст. Прокурор ҳуқуқ дорад дар доираи салоҳияти худ ба суд бо ариза дар бораи мавриди баҳс қарор додани қарор, амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ муроҷиат намояд.
2. Ариза ба суд мутобиқи тобеияти судии муқаррарнамудаи боби 3 ҳамин Кодекс пешниҳод карда мешавад. Аризаро шаҳрванд метавонад ба суди маҳалли истиқомати худ ё суди маҳалли ҷойгиршавии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахси мансабдор ва хизматчии давлатӣ, ки қарор, амали (беамалии) онҳо мавриди баҳс қарор доранд, пешниҳод намояд.
3. Рад намудани додани иҷозати аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун рафтан вобаста ба он, ки аризадиҳанда аз маълумоти дорои сирри давлатӣ огоҳ аст, дар суди шаҳр, ноҳия, вобаста ба маҳалли баровардани қарор дар бораи қонеъ нагардонидани дархости аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун рафтан мавриди баҳс қарор мегирад.
4. Аризаи хизматчии ҳарбӣ, ки қарор, амали (беамалии) мақомоти идораи ҳарбӣ ё командири қисми ҳарбиро мавриди баҳс қарор медиҳад, ба суди ҳарбӣ пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 255. Қарор, амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ, ки бояд бо тартиби мурофиаи судии маданӣ мавриди баҳс қарор гиранд
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
Ба қарор, амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ, ки бо тартиби мурофиаи судии маданӣ мавриди баҳс қарор гирифтаанд, қарор, амали (беамалии) дастҷамъӣ ё инфиродие дохил мешаванд, ки дар натиҷаи он (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022):
- ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд вайрон шудааст;
- барои аз ҷониби шаҳрванд татбиқ намудани ҳуқуқ ва озодиҳояш монеа вуҷуд дорад;
- ба зиммаи шаҳрванд ғайриқонунӣ ин ё он ӯҳдадорӣ гузошта шудааст ё ӯ ғайриқонунӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.
Моддаи 256. Мӯҳлати муроҷиат ба суд бо ариза дар бораи мавриди баҳс қарор додани қарор, амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ
1. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад бо ариза дар бораи мавриди баҳс қарор додани қарор, амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахси мансабдор ва хизматчии давлатӣ дар мӯҳлати се моҳ, ки ӯ аз вайрон гардидани ҳуқуқ ва озодиҳояш огоҳ шудааст, муроҷиат кунад.
2. Гузаронидани мӯҳлати семоҳаи муроҷиат ба суд бо ариза барои суд ҷиҳати рад намудани қабули ариза асос шуда наметавонад. Сабабҳои гузаронидани мӯҳлат дар маҷлиси пешакии судӣ ё маҷлиси судӣ муайянгардида метавонанд барои рад намудани қонеъ кардани ариза асос шаванд.
Моддаи 257. Баррасии ариза дар бораи мавриди баҳс қарор додани қарор, амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ
1. Аризаро суд дар мӯҳлати як моҳ бо иштироки шаҳрванд, прокурор, роҳбар ё намояндаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахси мансабдор ва хизматчии давлатӣ, ки қарор, амали (беамалии) он мавриди баҳс қарор гирифтааст, баррасӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1898).
2. Ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани ин ё он шахси дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида, ки ба таври дахлдор оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ гардидааст, барои баррасии ариза монеа шуда наметавонад.
3. Ӯҳдадории исботи қонунӣ будани қарор, амал (беамалӣ) ба зиммаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахси мансабдор ва хизматчии давлатие гузошта мешавад, ки қарори мавриди баҳсро қабул кардааст ё амали (беамалии) мавриди баҳсро анҷом додааст.
Моддаи 258. Ҳалнома дар бораи мавриди баҳс қарор додани қарор, амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ ва иҷрои он
1. Суд агар аризаро асоснок эътироф намояд, дар бораи ӯҳдадории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахси мансабдор ва хизматчии давлатӣ барои пурра аз байн бурдани вайронкунии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ё монеаҳо ҷиҳати аз ҷониби шаҳрванд татбиқ намудани ҳуқуқ ва озодиҳояш ҳалнома қабул мекунад.
2. Ҳалнома барои аз байн бурдани вайронкунии қонун ба роҳбари мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахси мансабдор ва хизматчии давлатӣ, ки қарор, амали (беамалии) он мавриди баҳс карор дорад ва ё ба мақомоти болоӣ мувофиқи тобеияти шахси мансабдор, хизматчии давлатӣ дар мӯҳлати се рӯз аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома ирсол мегардад.
3. Ба суд ва аризадиҳанда дар хусуси иҷрои ҳалнома бояд дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ аз рӯзи гирифтани ҳалнома иттилоъ дода шавад. Ҳалнома мутобиқи қоидаҳои дар қисми 2 моддаи 210 ҳамин Кодекс пешбинигардида иҷро карда мешавад.
4. Суд, агар муайян кунад, ки қарор ё амали мавриди баҳс қароргирифта мутобиқи қонун, дар доираи ваколати мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахси мансабдор ва хизматчии давлатӣ бароварда ё иҷро шудааст ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро вайрон намекунад, қонеъгардонии аризаро рад менамояд.
БОБИ 25. МУРОФИА ОИД БА ПАРВАНДАҲО ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНТИХОБОТӢ ВА ҲУҚУҚИ ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РАЪЙПУРСӢ
Моддаи 259. Пешниҳоди ариза дар бораи ҳифзи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Интихобкунандагон, мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро пешбарӣ кардаанд, худи номзадҳо, шахсони боэътимод, нозирон, комиссияи интихобот ва прокурор, агар чунин шуморанд, ки бо қарор ё амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ ҳуқуқи интихоботӣ вайрон карда шудааст, метавонанд ба суд бо ариза муроҷиат кунанд.
2. Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот метавонанд ба суд дар хусуси вайрон кардани қонунгузории интихобот аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ, мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро пешбарӣ кардаанд, худи номзадҳо, комиссияҳои интихобот бо ариза муроҷиат кунанд.
Моддаи 260. Мӯҳлати муроҷиат ба суд ва баррасии парванда
1. Ариза ба суд метавонад дар мӯҳлати чил рӯз пеш аз интихобот, ки ба аризадиҳанда вайрон гардидани қонунгузории интихобот маълум гардидааст ё бояд маълум мегардид, пешниҳод карда шавад.
2. Ариза аз хусуси қарорҳои комиссияҳои интихобот дар давоми даҳ рӯзи пас аз қабул гардидани қарорҳо пешниҳод карда мешавад.
3. Ариза аз хусуси қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст дар мӯҳлати даҳ рӯзи баъд аз қабул шудани қарор пешниҳод гардад.
4. Ариза баъди расиданаш дар мӯҳлати се рӯз ва агар то рӯзи интихобот камтар аз шаш рӯз монда бошад, бояд фавран баррасӣ карда шавад.
Моддаи 261. Пешниҳод ва мӯҳлати ариза дар бораи ҳифзи ҳуқуқи иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсӣ
Пешниҳод ва мӯҳлати ариза ба суд дар бораи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар раъйпурсӣ тибқи муқаррароти моддаҳои 259 ва 260 ҳамин Кодекс амалӣ мегардад.
Моддаи 262. Баррасии ариза дар бораи ҳифзи ҳуқуқи интихоботӣ ва ҳуқуқи иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсӣ
Ариза дар бораи ҳифзи ҳуқуқи интихоботӣ ва ҳуқуқи иштироки шаҳрвандон дар раъйпурсӣ дар суд бо иштироки аризадиҳанда, намояндаи мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, комиссияи интихоботӣ, комиссияи раъйпурсӣ, шахси мансабдор, хизматчии давлатӣ ва прокурор баррасӣ карда мешавад. Ҳозир нашудани шахсони зикргардида, ки ба таври дахлдор оид ба вақт ва маҳалли баргузории маҷлиси судӣ огоҳ гардидаанд, барои баррасӣ ва ҳалли парванда монеа шуда наметавонад.
Моддаи 263. Ҳалнома оид ба парвандаҳо дар бораи ҳифзи ҳуқуқи интихоботӣ ва ҳуқуқи иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсӣ ва иҷрои он
1. Суд, агар асоснокии аризаро муайян кунад, қарор ё амали (беамалии) мавриди баҳс қарордоштаро ғайриқонунӣ эътироф мекунад ва мақомоти дахлдор ва шахси мансабдорро ӯҳдадор менамояд, ки талаботи аризадиҳанда қонеъ гардонида шавад ё бо роҳи дигар ҳуқуқҳои интихоботӣ ё ҳуқуқи иштирок дар раъйпурсӣ дар ҳаҷми пурра барқарор карда шаванд.
2. Ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдокардаи суд ба мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, раиси комиссияи интихоботӣ, комиссия оид ба гузаронидани раъйпурсӣ, шахси мансабдор ва хизматчии давлатӣ ирсол гардида, бояд дар мӯҳлатҳои муайяннамудаи суд тибқи муқаррароти қисми 2 моддаи 210 ҳамин Кодекс иҷро карда шавад.
3. Суд, агар муайян кунад, ки қарор, амали (беамалии) мавриди баҳс қарордошта қонунӣ мебошад, қонеъ кардани аризаро рад менамояд.
БОБИ 26. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1091)
ЗЕРФАСЛИ IV. МУРОФИАИ МАХСУС
БОБИ 27. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 267. Парвандаҳое, ки суд бо тартиби мурофиаи махсус баррасӣ менамояд
1. Бо тартиби мурофиаи махсус суд парвандаҳои зеринро баррасӣ менамояд:
- оид ба муқаррар намудани холатҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд;
- оид ба фарзандхондии кӯдак;
- оид ба бедарак ғоибшуда эътироф намудан ва вафоткарда эълон кардани шахси воқеӣ (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022);
- оид ба ғайриқобили амал эътироф намудан ё маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022);
- оид ба дорои қобилияти пурраи амал эътироф намудани ноболиғ (эмансипатсия);
- оид ба бесоҳиб эътироф кардани молу мулки манқул ё эътироф намудани ҳуқуқи моликияти коммуналӣ ба молу мулки ғайриманқули бесоҳиб;
- оид ба барқарорсозии ҳуқуқ ба коғазҳои қиматноки гумшуда ба пешниҳодкунанда ва коғазҳои қиматноки ордерии гумшуда (мурофиаи даъватӣ);
- оид ба бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд дар статсионари равонпизишкӣ ва муоинаи маҷбурии равонпизишкӣ;
- оид ба ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;
- оид ба аризаҳо дар бораи анҷом додани амали нотариалӣ ё рад намудани анҷом додани чунин амал;
- оид ба аризаҳо дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда.
2. Қонун метавонад дигар парвандаҳоро низ барои баррасӣ бо тартиби мурофиаи махсус муайян кунад.
Моддаи 268. Баррасӣ ва ҳалли парвандаҳои мурофиаи махсус
1. Парвандаҳои мурофиаи махсусро суд тибқи қоидаҳои умумии мурофиаи даъво, бо назардошти хусусиятҳои муқаррарнамудаи ҳамин боб ва бобҳои 28-38 ҳамин Кодекс баррасӣ менамояд.
2. Парвандаҳои мурофиаи махсусро суд бо иштироки аризадиҳанда ва дигар шахсони манфиатдор баррасӣ менамояд.
3. Агар ҳангоми пешниҳоди ариза ё баррасии парванда бо тартиби мурофиаи махсус оид ба ҳуқуқ, тобеияти судӣ баҳс ба миён ояд, суд дар хусуси баррасӣ накардани ариза таъинот мебарорад, ки дар он ҳуқуқи аризадиҳанда ва дигар шахсони манфиатдор ҷиҳати ҳалли баҳс бо тартиби мурофиаи даъво тавзеҳ дода мешавад.
БОБИ 28. МУҚАРРАР НАМУДАНИ ҲОЛАТҲОИ ДОРОИ АҲАМИЯТИ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 269. Парвандаҳо оид ба муқаррар намудани ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ
1. Суд ҳолатҳоеро, ки пайдо шудан, тағйир ёфтан ё қатъ гардидани ҳуқуқҳои шахсӣ ё молу мулкии шаҳрвандон ё ташкилот аз онҳо вобаста аст, муайян менамояд.
2. Суд парвандаҳои муқарраркунандаи ҳолатҳои зеринро баррасӣ менамояд:
- оид ба ҳолати муносибатҳои хешовандии шахсон;
- оид ба ҳолати таҳти саробонӣ қарор доштани шахс;
- оид ба ҳолати бақайдгирии давлатии таваллуд, фарзандхондӣ никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, вафот;
- оид ба ҳолати муқаррар кардани падарӣ;
- оид ба ҳолати марбутияти ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуқарраркунанда (ба истиснои ҳуҷҷатҳои ҳарбӣ, шиноснома ва ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода мешаванд) ба шахсе, ки насаб, ном ва номи падари дар ҳуҷҷат сабтшудааш бо насаб, ном ва номи падари дар шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуди ӯ зикргардида мутобиқат намекунад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- оид ба ҳолати соҳибӣ ва истифодаи молу мулки ғайриманқул;
- оид ба ҳолати ҳодисаҳои нохуш;
- оид ба ҳолати вафот дар вақти муайян ва дар вазъияти муайян, агар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бақайдгирии ҳодисаи вафотро рад намоянд;
- оид ба ҳолати қабули мерос ва маҳалли кушодани мерос;
- оид ба ҳолатҳои дигаре, ки дорои аҳамияти ҳуқуқӣ мебошанд.
Моддаи 270. Шартҳое, ки барои муайян намудани ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ заруранд
Суд ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқиро танҳо ҳангоме муайян менамояд, ки агар барои аризадиҳанда бо тартиби дигар дарёфти ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунандаи ин ҳолатҳо ё барқарорсозии ҳуҷҷатҳои гумшуда имконнопазир бошад.
Моддаи 271. Пешниҳоди ариза дар бораи муайян намудани ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ
Ариза дар бораи муайян намудани ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ба суди маҳалли истиқомати аризадиҳанда пешниҳод мегардад, ба истиснои аризаҳо дар бораи муайян намудани ҳолати соҳибӣ ва истифодаи молу мулки ғайриманқул, ки ба суди маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқул пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 272. Мӯҳтавои ариза дар бораи муайян намудани ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ
Дар ариза ҷиҳати муайян намудани ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ бояд зикр гардад, ки ба аризадиҳанда муайян намудани ҳамин ҳолат барои кадом мақсад зарур аст, инчунин бояд дар ариза далелҳои тасдиқкунандаи имконнопазирии аз ҷониби аризадиҳанда дарёфт намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор ё ғайриимкон будани барқарорсозии ҳуҷҷатҳои гумшуда дарҷ гарданд.
Моддаи 273. Ҳалнома оид ба ариза дар бораи муайян намудани ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ
Ҳалнома оид ба ариза дар бораи муайян намудани ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳолати дорои аҳамияти ҳуқуқӣ буда, нисбат ба ҳолате, ки бояд ба қайд гирифта шавад, асоси бақайдгирӣ ба ҳисоб меравад, аммо ҳуҷҷатеро, ки мақомоти бақайдгиранда медиҳанд, иваз намекунад.
БОБИ 29. ФАРЗАНДХОНДИИ КӮДАК
Моддаи 274. Пешниҳоди ариза оид ба фарзандхондӣ
Ариза оид ба фарзандхондӣ аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мехоҳанд кӯдакро фарзанд хонанд, ба суди шаҳр ё ноҳияи маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии кӯдаки фарзандхондшаванда ва ё маҳалли истиқомати ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 275. Мӯҳтавои аризаи фарзандхондӣ
1. Дар аризаи фарзандхондии кӯдак бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд:
- насаб, ном, номи падар ва маҳалли истиқомати шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- насаб, ном, номи падар, санаи таваллуд ва маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии кӯдаки фарзандхондшаванда (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- насаб, ном, номи падар ва маҳалли истиқомати падару модари кӯдаки фарзандхондшаванда, бародару хоҳар доштани ӯ. Дар сурати ғайриимкон будани ба даст овардани маълумоти мазкур дар ин хусус дар ариза қайд карда мешавад; (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871, аз 23.11.2015 № 1232);
- ҳолатҳои асосноккунандаи хоҳиши шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) оид ба фарзандхондӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ин ҳолатҳо;
- дархост оид ба тағйир додани насаб, ном, номи падар ва маҳалли таваллуди кӯдаки фарзандхондшаванда, инчунин санаи таваллуди ӯ, оид ба сабти ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) ба сифати падару модар дар санади сабти таваллуди кӯдак (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871, аз 23.11.2015 № 1232).
2. Аризадиҳанда метавонад дархостҳоеро, ки дар сархати панҷуми қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, зимни омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ ва ё бевосита ҳангоми муҳокимаи судӣ дар шакли хаттӣ пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1232).
Моддаи 276. Ҳуҷҷатҳое, ки ба ариза оид ба фарзандхондӣ замима мегардад
1. Ба ариза оид ба фарзандхондии кӯдак бояд ҳуҷҷатҳои зерин замима гарданд:
- нусхаи шиносномаи шахси (шахсони) ба фарзандӣ қабулкунанда (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1232);
- нусхаи шаҳодатномаи никоҳи шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда)- ҳангоми фарзандхондии кӯдак аз ҷониби шахсоне (шахсе), ки ақди никоҳ доранд;
- ҳангоми фарзандхондии кӯдак аз ҷониби як ҳамсар - розигии хаттии ҳамсари дигар. Дар сурати ҷой доштани ҳолатҳое, ки тибқи қонунгузории оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон розигии ҳамсари дигар талаб карда намешавад, дар ариза маълумоти мазкур қайд шуда, ҳуҷҷатҳои зарурӣ замима карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1232);
- хулосаи тиббӣ оид ба вазъи саломатии шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1232).
2. Дар сурати фарзандхонд кардани кӯдак аз ҷониби падарандар (модарандар) ва ё шахси дигаре, ки ҳақиқатан (амалан) бо кӯдаки фарзандхондшаванда ҳамчун аъзои як оила истиқомат доранд, талаботи сархатҳои сеюм ва чоруми қисми 1 ҳамин модда татбиқ карда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1232).
3. Ба аризаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фарзандхондии кӯдаке, ки шаҳрванди хориҷӣ мебошад, дар баробари ҳуҷҷатҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида инчунин розигии намояндаи қонунии кӯдак ва мақоми ваколатдори давлате, ки ӯ шаҳрванди он мебошад, агар қонунгузории ҳамин давлат ва (ё) шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо намоянд - розигии худи кӯдак барои фарзандхондӣ замима карда мешавад.
4. Ҳамаи ҳуҷҷатҳо дар ду нусха пешниҳод карда мешаванд.
Моддаи 277. Ба муҳокимаи судӣ омодасозии парванда оид ба фарзандхондӣ
1. Судя ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ мақомоти васоят ва парастории маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии кӯдаки фарзандхондшавандаро вазифадор менамояд, ки ба суд дар хусуси асоснокӣ ва мутобиқати фарзандхондӣ ба манфиати кӯдаки фарзандхондшаванда хулоса пешниҳод намояд.
2. Суд ҳангоми зарурат метавонад дигар ҳуҷҷатҳоро низ талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1232).
Моддаи 278. Баррасии ариза дар бораи фарзандхондӣ
1. Ариза дар бораи фарзандхондӣ дар маҷлиси пӯшидаи суд бо иштироки ҳатмии шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда), намояндаи мақомоти васояту парасторӣ, прокурор, кӯдаке, ки ба синни чордаҳ расидааст ва ҳангоми зарурат - падару модар, дигар шахсони манфиатдор ва худи кӯдаке, ки ба синни аз даҳ то чордаҳсола расидааст, баррасӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1232).
2. Суд парвандаҳоро дар хусуси фарзандхондӣ дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи қабули ариза баррасӣ ва ҳал менамояд
Моддаи 279. Ҳалнома дар бораи аризаи фарзандхондӣ
1. Суд аризаро дар бораи фарзандхондӣ баррасӣ намуда, оид ба қонеъ ё рад кардани хоҳиши шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) ҳалнома қабул мекунад. Ҳангоми қонеъгардонии хоҳиши фарзандхондӣ суд кӯдакро фарзанди шахсони (шахси) мушаххас эътироф карда, дар ҳалнома ҳамаи маълумоти вобаста ба фарзандхондшаванда ва шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда)-ро, ки барои бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ заруранд, зикр менамояд.
2. Суд аризаро дар хусуси фарзандхондӣ қонеъ гардонида, метавонад хоҳиши шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда)-ро дар қисми сабти онҳо ба сифати падару модари кӯдак дар санади сабти таваллуди ӯ, инчунин ҷиҳати тағйир додани сана ва маҳалли таваллуди кӯдак рад намояд.
3. Ҳангоми қонеъгардонии ариза дар хусуси фарзандхондӣ ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) ва кӯдаки фарзандхондшаванда аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома дар хусуси фарзандхондии кӯдак муқаррар карда мешавад.
4. Нусхаи ҳалномаро оид ба фарзандхондии кӯдак суд дар мӯҳлати се рӯзи баъд аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома барои бақайдгирии давлатии фарзандхондии кӯдак ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ вобаста ба маҳалли қабул намудани ҳалнома ирсол менамояд.
Моддаи 280. Бекор кардани фарзандхондӣ
1. Баррасӣ ва ҳалли парвандаҳо дар бораи бекор кардани фарзандхондии кӯдак мутобиқи қоидаҳои мурофиаи даъво анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1232).
2. Суд нусхаи ҳалномаро оид ба бекор кардани фарзандхондии кӯдак дар мӯҳлати се рӯзи баъд аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома барои ворид намудани маълумот дар бораи бекор кардани фарзандхондӣ ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли қабули ҳалнома ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1232).
БОБИ 30. БЕДАРАК ҒОИБШУДА ЭЪТИРОФ НАМУДАНИ ШАХСИ ВОҚЕӢ Ё ВАФОТКАРДА ЭЪЛОН КАРДАНИ ШАХСИ ВОҚЕӢ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
Моддаи 281. Пешниҳоди ариза дар бораи бедарак ғоибшуда эътироф намудани шахси воқеӣ ё вафоткарда эълон кардани шахси воқеӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
Ариза дар бораи бедарак ғоибшуда эътироф намудани шахси воқеӣ ё вафоткарда эълон кардани шахси воқеӣ ба суди маҳалли истиқомат ё маҳалли қарор доштани шахси манфиатдор пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 282. Мӯҳтавои ариза дар бораи бедарак ғоибшуда эътироф намудани шахси воқеӣ ё вафоткарда эълон кардани шахси воқеӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Дар ариза ҷиҳати бедарак ғоибшуда эътироф намудани шахси воқеӣ ё вафоткарда эълон кардани ӯ бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022):
- барои кадом мақсад ба аризадиҳанда бедарак ғоибшуда эътироф намудани шахси воқеӣ ё вафоткарда эълон кардани ӯ зарур аст (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022);
- ҳолатҳои тасдиқкунандаи бедарак ғоибшуда будани шахси воқеӣ (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022);
- ҳолатҳое, ки метавонист ба бедарак ғоибшуда таҳдиди марг кунад ё асосе вуҷуд дорад, ки эҳтимоли ҳалокати ӯро вобаста ба ҳодисаи дахлдори нохуш собит месозад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандоне, ки вобаста ба амалиёти ҳарбӣ бедарак ғоибшуда гардидаанд, дар ариза рӯзи хотимаёбии амалиёти ҳарбӣ зикр карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 283. Ба муҳокимаи судӣ омодасозии ариза дар бораи бедарак ғоибшуда эътироф намудани шахси воқеӣ ё вафоткарда эълон кардани шахси воқеӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Судя ҳангоми ба муҳокимаи судӣ омодасозии парванда муайян менамояд, ки кадом шахс метавонад оид ба шахси ғоибшуда маълумот диҳад, инчунин аз ташкилотҳои дахлдори маҳалли охирини маълуми истиқомати шаҳрванди ғоибшуда ҷойи кори ӯ, аз мақомоти корҳои дохилӣ, қисмҳои ҳарбӣ пешниҳоди маълумоти мавҷударо талаб мекунад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
2. Баъди қабули ариза дар бораи бедарак ғоибшуда эътироф намудани шахси воқеӣ ё вафоткарда эълон кардани шаҳрванд судя метавонад ба мақомоти васоят ва парасторӣ пешниҳод кунад, ки идоракунандаи ваколатдори молу мулки чунин шаҳрвандро таъин намояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
3. Парванда дар бораи бедарак ғоибшуда эътироф намудани шахси воқеӣ ё вафоткарда эълон кардани ӯ бо иштироки прокурор баррасӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
4. Ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ судя дар хусуси ба нашр расонидани эълон дар воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ дар бораи дар суд оғоз кардани парвандаи маданӣ дар бораи бедарак ғоибшуда ё дар хусуси вафоткарда эълон намудани шахс таъинот қабул менамояд. Нусхаи таъинот дар рӯзи дигари пас аз қабул шуданаш барои нашр фиристонида мешавад. Маблағи нашри эълон аз ҳисоби аризадиҳанда пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871, аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 284. Ҳалнома вобаста ба ариза дар бораи бедарак ғоибшуда эътироф намудани шахси воқеӣ ё вафоткарда эълон кардани шаҳрванд
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022)
1. Ҳалнома дар бораи бедарак ғоибшуда эътироф намудани шахси воқеӣ ё вафоткарда эълон кардани шахси воқеӣ барои интиқоли молу мулки ӯ ба шахсе, ки мақоми васоят ва парасторӣ бо он шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулк бастааст, ҳангоми зарурати идоракунии доимии он асос ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
2. Ҳалнома, ки мутобиқи он шахси воқеӣ вафоткарда эълон шудааст, барои аз ҷониби мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дарҷ шудани сабт оид ба фавти шахси воқеӣ дар дафтари сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ асос мебошад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
Моддаи 285. Оқибатҳои ҳозиршавӣ ё ошкоршавии маҳалли қарор доштани шаҳрванде, ки бедарак ғоибшуда эътироф ё вафоткарда эълон шудааст
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022)
Ҳангоми ҳозиршавӣ ё ошкор намудани маҳалли қарор доштани шахси воқеӣ, ки бедарак ғоибшуда эътироф ё вафоткарда эълон шудааст, суд бо ҳалномаи нав ҳалномаи қаблан қабулкардаро бекор мекунад. Ҳалномаи нави судӣ барои бекор кардани идоракунии молу мулки шахси воқеӣ, инчунин бекор кардани сабти фавти ӯ дар дафтари сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ асос мебошад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
БОБИ 31. ҒАЙРИ ҚОБИЛИ АМАЛ ЭЪТИРОФ НАМУДАН Ё МАҲДУД НАМУДАНИ ҚОБИЛИЯТИ АМАЛКУНИИ ШАХСИ ВОҚЕӢ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022)
Моддаи 286. Пешниҳоди ариза оид ба ғайри қобили амал эътироф намудан ё маҳдуд сохтани қобилияти амали шаҳрванд
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022)
1. Парванда оид ба ғайри қобили амал эътироф намудани шаҳрванд дар суд вобаста ба бемории рӯҳӣ дар асоси аризаи аъзои оилаи ӯ, хешу табори наздик (падару модар, фарзандон, бародарон, хоҳарон), сарфи назар аз он ки онҳо бо ҳам зиндагӣ мекунанд ё не, мақомоти васоят ва парасторӣ, беморхонаи бемориҳои равонпизишкӣ ё муассисаҳои равонию асабӣ ва прокурор оғоз карда мешавад.
2. Парванда оид ба маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ вобаста ба суиистеъмоли машрубот ё маводи нашъаовар дар асоси аризаи аъзои оилаи ӯ, мақомоти васоят ва парасторӣ, беморхонаи бемориҳои равонпизишкӣ ё муассисаҳои равонию асабӣ, прокурор оғоз карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
3. Парванда оид ба ғайри қобили амал эътироф намудан ё маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ ба суди маҳалли истиқомати ҳамин шаҳрванд ё агар шахс дар беморхонаи бемориҳои равонпизишкӣ ё муассисаҳои равонию асабӣ қарор дошта бошад, ба маҳалли ҷойгиршавии ин муассиса пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
Моддаи 287. Мӯҳтавои ариза оид ба ғайри қобили амал эътироф намудан ё маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022)
1. Дар ариза оид ба ғайри қобили амал эътироф намудани шаҳрванд бояд он ҳолатҳои тасдиқкунандае, ки шахс мубталои бемории рӯҳӣ буда, наметавонад оқибатҳои амали худро дарк намояд ё онро идора кунад, зикр карда шавад.
2. Дар ариза оид ба маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ бояд ҳолатҳои тасдиқкунандае, ки шахс аз машрубот ё маводи нашъаовар суиистеъмол намуда, оилаи худро дар вазъи душвори моддӣ мегузорад, зикр карда шавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
Моддаи 288. Таъини экспертиза барои муайян намудани ҳолати рӯҳии шаҳрванд вобаста ба парванда оид ба ғайри қобили амал эътироф намудани шаҳрванд
Судя бо тартиби омодасозии парванда оид ба ғайри қобили амал эътироф намудани шаҳрванд ба муҳокимаи судӣ, ҳангоми мавҷуд будани маълумоти кофӣ оид ба бемории рӯҳии шаҳрванд барои муайян кардани ҳолати рӯҳии ӯ экспертизаи судию равонпизишкӣ таъин мекунад. Ҳангоми ошкоро аз экспертиза саркашӣ намудани шахсе, ки дар хусуси ғайри қобили амал эътироф гардиданаш парванда оғоз шудааст, суд метавонад дар маҷлиси судӣ бо иштироки прокурор ва равонпизишк ҷиҳати маҷбуран ба экспертизаи судию равонпизишкӣ фиристодани шаҳрванд таъинот барорад.
Моддаи 289. Баррасии ариза оид ба ғайри қобили амал эътироф намудан ё маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022)
1. Аризаро оид ба ғайри қобили амал эътироф намудани шаҳрванд суд бо иштироки аризадиҳанда, прокурор, намояндаи мақомоти васоят ва парасторӣ баррасӣ мекунад. Агар вазъи саломатии шаҳрванд оид ба ғайри қобили амал эътироф намуданаш имконият диҳад, ӯро ба маҷлиси судӣ даъват кардан мумкин аст.
2. Аризаро оид ба маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ суд бо иштироки ҳатмии худи шаҳрванд, аризадиҳанда, прокурор, намояндаи мақомоти васоят ва парасторӣ баррасӣ мекунад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
3. Аризадиҳанда аз пардохти хароҷоти судӣ оид ба парванда ҷиҳати ғайри қобили амал эътироф намудан ё маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ озод карда мешавад. Агар суд муайян намояд, ки аризадиҳанда беинсофона, бо мақсади дидаю дониста ва беасос ғайри қобили амал эътироф намудан ё маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ амал кардааст, аз ин шахс тамоми хароҷоти судӣ вобаста ба баррасии парванда ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
Моддаи 290. Ҳалнома вобаста ба ариза оид ба ғайри қобили амал эътироф намудан ё маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022)
1. Ҳалнома, ки мутобиқи он шаҳрванд ғайри қобили амал эътироф шудааст, барои аз ҷониби мақомоти васоят ва парасторӣ ба ӯ таъин намудани васӣ асос мебошад.
2. Ҳалнома, ки мутобиқи он маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ эътироф шудааст, барои аз ҷониби мақомоти васоят ва парасторӣ ба ӯ таъин намудани парастор асос мебошад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
Моддаи 291. Бекор кардани ғайри қобили амал эътироф намудан ё маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022)
1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 30 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон суд дар асоси аризаи васӣ, аъзои оилааш, мақомоти васоят ва парасторӣ, беморхонаи бемориҳои равонпизишкӣ ё муассисаҳои равонию асабӣ, прокурор тибқи хулосаи дахлдори экспертизаи судию равонпизишкӣ оид ба қобили амал эътироф намудани шаҳрванд ҳалнома қабул мекунад. Дар асоси ҳалномаи мазкур васояти барои ӯ таъингардида бекор карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 31 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон суд дар асоси аризаи худи шаҳрванд, намояндаи ӯ, аъзои оилааш, мақомоти васоят ва парасторӣ, парастор, беморхонаи бемориҳои равонпизишкӣ ё муассисаҳои равонию асабӣ, прокурор дар бораи бекор кардани маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ ҳалнома қабул мекунад. Дар асоси ҳалномаи мазкур парастории барои ӯ таъингардида бекор карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
БОБИ 32. ДОРОИ ҚОБИЛИЯТИ ПУРРАИ АМАЛ ЭЪТИРОФ НАМУДАНИ НОБОЛИҒ (ЭМАНСИПАТСИЯ)
Моддаи 292. Пешниҳоди ариза оид ба дорои қобилияти пурраи амал эътироф намудани ноболиғ
1. Ноболиғи ба синни шонздаҳсола расида метавонад ба суди маҳалли истиқомати худ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 28 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дорои қобилияти пурраи амал эътироф намуданаш ариза пешниҳод кунад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Ариза оид ба дорои қобилияти пурраи амал эътироф намудани ноболиғро суд ҳангоми мавҷуд набудани розигии падару модар (ё яке аз онҳо), шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) ё парастор ё ҳангоми аз ҷониби мақомоти васоят ва парасторӣ рад кардани дорои қобилияти пурраи амал эътироф намудани ноболиғ қабул мекунад.
Моддаи 293. Баррасии ариза оид ба дорои қобилияти пурраи амал эътироф намудани ноболиғ
Суд аризаро оид ба дорои қобилияти пурраи амал эътироф намудани ноболиғ бо иштироки аризадиҳанда, падару модар (ё яке аз онҳо), шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда), парастор, инчунин намояндаи мақомоти васоят ва парасторӣ, прокурор баррасӣ менамояд.
Моддаи 294. Ҳалнома оид ба ариза дар бораи дорои қобилияти пурраи амал эътироф намудани ноболиғ
1. Суд аризаро оид ба дорои қобилияти пурраи амал эътироф намудани ноболиғ моҳиятан баррасӣ намуда, дар бораи қонеъ гардонидан ё рад кардани хоҳиши аризадиҳанда ҳалнома қабул менамояд.
2. Ҳангоми қонеъ гардонидани хоҳиши пешниҳодшуда ноболиғе, ки ба синни шонздаҳсолагӣ расидааст, аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома оид ба эмансипатсия дорои қобилияти пурраи амал (эмансипатсияшуда) эътироф карда мешавад.
БОБИ 33. БЕСОҲИБ ЭЪТИРОФ НАМУДАНИ МОЛУ МУЛКИ МАНҚУЛ Ё ЭЪТИРОФИ ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТИ КОММУНАЛӢ БА МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛИ БЕСОҲИБ
Моддаи 295. Пешниҳоди ариза дар бораи бесоҳиб эътироф намудани молу мулки манқул ё эътирофи ҳуқуқи моликияти коммуналӣ ба молу мулки ғайриманқули бесоҳиб
1. Аризаро дар бораи бесоҳиб эътироф намудани молу мулки манқул шахсе, ки соҳибии онро ба зимма гирифтааст, ба суди маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии аризадиҳанда пешниҳод менамояд.
2. Аризаро дар бораи бесоҳиб эътироф намудани молу мулки манқул, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тибқи салоҳияташон ситонидаанд, мақомоти молия ба суди маҳалли ҷойгиршавии молу мулки манқул пешниҳод менамояд.
3. Аризаро дар бораи эътирофи ҳуқуқи моликияти коммуналӣ ба молу мулки ғайриманқули бесоҳиб ба суди маҳалли ҷойгиршавии он мақомоте пешниҳод менамояд, ки ваколатдор аст молу мулки коммуналиро идора кунад.
4. Судя қабули ариза дар бораи эътирофи ҳуқуқи моликияти коммуналӣ ба молу мулки ғайриманқули бесоҳибро рад мекунад ва суд баррасии парвандаро қатъ менамояд, агар мақомоти ваколатдори идоракунии амволи коммуналӣ то гузаштани як сол аз рӯзи бақайдгирии молу мулк дар мақомоте, ки бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқулро анҷом медиҳад, ба суд муроҷиат карда бошад.
Моддаи 296. Мӯҳтавои ариза дар бораи бесоҳиб эътироф намудани молу мулки манқул ё эътирофи ҳуқуқи моликияти коммуналӣ ба молу мулки ғайриманқули бесоҳиб
1. Дар ариза ҷиҳати бесоҳиб эълон кардани молу мулки манқул бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд:
- кадом молу мулк бесоҳиб эътироф мегардад;
- тасвири аломатҳои асосии фарқкунандаи он;
- далелҳое, ки дар бораи даст кашидани молик аз ҳуқуқи моликият ба он гувоҳӣ медиҳад;
- далелҳое, ки аз оғози соҳибии молу мулк аз ҷониби аризадиҳанда гувоҳӣ медиҳанд.
2. Дар аризаи мақомоти ваколатдори идоракунии амволи коммуналӣ ҷиҳати эътирофи ҳуқуқи моликияти коммуналӣ ба молу мулки ғайриманқули бесоҳиб бояд зикр гардад, ки аз ҷониби кӣ ва кай молу мулки ғайриманқул ба қайд гирифта шудааст, инчунин далелҳое инъикос гарданд, ки оид ба ҳозир набудани молик гувоҳӣ медиҳанд.
Моддаи 297. Омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ ва баррасии ариза дар бораи бесоҳиб эътироф намудани молу мулки манқул ё эътирофи ҳуқуқи моликияти коммуналӣ ба молу мулки ғайриманқули бесоҳиб
1. Суд ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ муайян менамояд, ки кадом шахсон (моликон, соҳибони воқеии молу мулк ва ғайра) метавонанд оид ба марбутияти молу мулк маълумот пешниҳод кунанд, инчунин маълумоти мавҷударо оид ба он аз ташкилотҳои дахлдор талаб намояд.
2. Суд аризаро дар бораи бесоҳиб эътироф намудани молу мулки манқул ё эътирофи ҳуқуқи моликияти коммуналӣ ба молу мулки ғайриманқули бесоҳиб бо иштироки шахсони манфиатдори парванда ва прокурор баррасӣ менамояд.
Моддаи 298. Ҳалнома оид ба ариза дар бораи бесоҳиб эътироф намудани молу мулки манқул ва ё эътирофи ҳуқуқи моликияти коммуналӣ ба молу мулки ғайриманқули бесоҳиб
1. Агар суд эътироф кунад, ки молу мулки манқул молик надорад ё молик аз ҳуқуқи моликият ба молу мулки манқул даст кашидааст, дар бораи бесоҳиб эътироф намудани молу мулки манқул ва супурдани он ба моликияти шахсе, ки ба соҳибии он оғоз намудааст, ҳалнома қабул мекунад.
2. Агар суд эътироф кунад, ки молу мулки ғайриманқул молик надорад ё молики молу мулк номаълум аст ва он бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудааст, дар бораи бесоҳиб эътироф намудани молу мулки ғайриманқул ё эътирофи ҳуқуқи моликияти коммуналӣ ба ин молу мулк ҳалнома қабул мекунад.
БОБИ 34. БАРҚАРОР КАРДАНИ ҲУҚУҚ БА КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОКИ ГУМШУДА БА ПЕШНИҲОДКУНАНДА ВА КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОКИ ОРДЕРИИ ГУМШУДА (МУРОФИАИ ДАЪВАТӢ)
Моддаи 299. Пешниҳоди ариза дар бораи беэътибор донистани коғазҳои қиматноки гумшуда ба пешниҳодкунанда, коғазҳои қиматноки ордерии гумшуда ва барқарор намудани ҳуқуқ ба онҳо
1. Шахсе, ки коғази қиматнок ба пешниҳодкунанда ё коғази қиматноки ордериро (минбаъд дар ҳамин боб - ҳуҷҷат) гум кардааст, дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун метавонад аз суд беэътибор эътироф намудани коғазҳои қиматноки гумшуда ба пешниҳодкунанда, коғазҳои қиматноки ордерии гумшуда ва барқарор намудани ҳуқуқ ба онҳоро хоҳиш намояд.
2. Ҳуқуқ ба ҳуҷҷати гумшуда мумкин аст, инчунин ҳангоми гум шудани нишонаҳои қобилияти пардохти ҳуҷҷат, ки дар натиҷаи нигаҳдории номатлуб ё дигар сабабҳо рух додааст, барқарор карда шавад.
3. Ариза дар бораи беэътибор донистани коғазҳои қиматноки гумшуда ба пешниҳодкунанда, коғазҳои қиматноки ордерии гумшуда ва барқарор намудани ҳуқуқ ба онҳо ба суди маҳалли ҷойгиршавии шахсе, ки ҳуҷҷатро додааст ва мутобиқи он бояд иҷро сурат гирад, пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 300. Мӯҳтавои ариза дар бораи беэътибор донистани коғазҳои қиматноки гумшуда ба пешниҳодкунанда, коғазҳои қиматноки ордерии гумшуда ва барқарор намудани ҳуқуқ ба онҳо
Дар ариза дар бораи беэътибор донистани коғазҳои қиматноки гумшуда ба пешниҳодкунанда, коғазҳои қиматноки ордерии гумшуда ва барқарор намудани ҳуқуқ ба онҳо бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд:
- нишонаҳои ҳуҷҷати гумшуда;
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки онро додааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- ҳолатҳое, ки ҳангоми он ҳуҷҷат гум шудааст;
- хоҳиши аризадиҳанда дар хусуси ба шахси ҳуҷҷатро дода манъ кардани иҷрои пардохтҳо ё додани маблағ.
Моддаи 301. Амали судя баъди қабули ариза дар бораи беэътибор донистани коғазҳои қиматноки гумшуда ба пешниҳодкунанда, коғазҳои қиматноки ордерии гумшуда ва барқарор намудани ҳуқуқ ба онҳо
1. Судя баъди қабули ариза дар бораи беэътибор донистани коғазҳои қиматноки гумшуда ба пешниҳодкунанда, коғазҳои қиматноки ордерии гумшуда ва барқарор намудани ҳуқуқ ба онҳо, дар хусуси манъи пардохтҳо вобаста ба ҳуҷҷат ё додани маблағ аз ҷониби шахсе, ки ҳуҷҷатро додааст, таъинот мебарорад ва нусхаи онро ба шахсе, ки ҳуҷҷат додааст, инчунин ба шахси бақайдгиранда ирсол менамояд. Дар таъинот, инчунин дар нашрияи даврии маҳаллӣ аз ҳисоби аризадиҳанда ҳатман интишор намудани маълумоти зерин зикр мегардад:
- номи суд, ки ба он ариза дар бораи гум кардани ҳуҷҷат ворид шудааст;
- насаб, ном ва номи падари шахси аризадиҳанда, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии он (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- ном ва нишонаҳои ҳуҷҷат;
- пешниҳод ба дорандаи ҳуҷҷат, ки оид ба гум шудани он пешниҳод шудааст, ҷиҳати дар мӯҳлати се моҳ аз рӯзи нашр шудани маълумот муроҷиат намудан ба суд оид ба ҳуқуқи ӯ нисбат ба ҳуҷҷат.
2. Оид ба рад намудани қабули таъинот мумкин аст шикояти хусусӣ пешниҳод гардад.
Моддаи 302. Аризаи дорандаи ҳуҷҷат
Дорандаи ҳуҷҷате, ки нисбат ба гум шудани он пешниҳод шудааст, ӯҳдадор мебошад то гузаштани се моҳ аз рӯзи интишори маълумоти пешбининамудаи қисми 1 моддаи 301 ҳамин Кодекс ба суде, ки таъинот баровардааст, оид ба ҳуқуқҳои худ ба ин ҳуҷҷат ариза ва ҳамзамон асли ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунад.
Моддаи 303. Амали суд баъди ворид гардидани аризаи дорандаи ҳуҷҷат
1. Ҳангоми ворид гардидани аризаи дорандаи ҳуҷҷат то гузаштани се моҳ аз рӯзи нашри маълумоти дар қисми 1 моддаи 301 ҳамин Кодекс зикргардида суд аризаи шахси ҳуҷҷатгумкардаро бе баррасӣ мемонад ва мӯҳлатеро муайян мекунад, ки дар давоми он шахси дорандаи ҳуҷҷат наметавонад вобаста ба ҳамин ҳуҷҷат ягон амалиёти молию пулиро анҷом диҳад. Ин мӯҳлат набояд аз ду моҳ зиёд бошад.
2. Ҳамзамон судя ба аризадиҳанда ҳуқуқашро ҷиҳати бо тартиби умумӣ нисбат ба дорандаи ҳуҷҷат пешниҳод намудани даъво оид ба талаб карда гирифтани ин ҳуҷҷат ва ба дорандаи ҳуҷҷат ҳуқуқашро ҷиҳати аз аризадиҳанда ситонидани зиёне, ки бо андешидани тадбирҳои манъкунанда расонида шудааст, тавзеҳ медиҳад.
3. Нисбат ба таъинот оид ба масъалаҳои дар ҳамин модда зикргардида мумкин аст шикояти хусусӣ пешниҳод гардад.
Моддаи 304. Баррасии ариза дар бораи беэътибор донистани коғазҳои қиматноки гумшуда ба пешниҳодкунанда, коғазҳои қиматноки ордерии гумшуда ва барқарор намудани ҳуқуқ ба онҳо
Суд аризаро дар бораи беэътибор донистани коғазҳои қиматноки гумшуда ба пешниҳодкунанда, коғазҳои қиматноки ордерии гумшуда ва барқарор намудани ҳуқуқ ба онҳоро бо гузашти се моҳ аз рӯзи нашри маълумоти дар қисми 1 моддаи 301 ҳамин Кодекс зикргардида баррасӣ менамояд, агар дорандаи ҳуҷҷат аризаи дар моддаи 302 ҳамин Кодекс зикргардидаро пешниҳод накарда бошад.
Моддаи 305. Ҳалнома оид ба ариза дар бораи беэътибор донистани коғазҳои қиматноки гумшуда ба пешниҳодкунанда, коғазҳои қиматноки ордерии гумшуда ва барқарор намудани ҳуқуқ ба онҳо
Ҳангоми қонеъгардонии хоҳиши аризадиҳанда суд ҳалнома қабул мекунад, ки мутобиқи он ҳуҷҷати гумшуда беэътибор эътироф гардида, ҳуқуқ нисбат ба коғазҳои қиматноки гумшуда ба пешниҳодкунанда ва ё коғазҳои қиматноки ордерии гумшуда барқарор карда мешавад. Ин ҳалнома барои ба аризадиҳанда додани ҳуҷҷати нав бар ивази ҳуҷҷати беэътибор донисташуда асос мебошад.
Моддаи 306. Ҳуқуқи дорандаи ҳуҷҷат дар бораи пешниҳоди даъво дар хусуси беасос ба даст овардан ё нигаҳдории молу мулк
Дорандаи ҳуҷҷат, ки бо сабабҳои мухталиф сари вақт ҳуқуқи худро ба ин ҳуҷҷат пешниҳод нанамудааст, баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома дар бораи беэътибор донистани ҳуҷҷат ва барқарорсозии ҳуқуқ ба коғазҳои қиматноки гумшуда ба пешниҳодкунанда ва ё коғазҳои қиматноки ордерии гумшуда метавонад нисбати шахсе, ки ҳуқуқаш ҷиҳати бар ивази ҳуҷҷати гумшуда гирифтани ҳуҷҷати нав эътироф гардидааст, дар хусуси беасос ба даст овардан ё нигоҳдории молу мулк даъво пешниҳод кунад.
БОБИ 35. БИСТАРИКУНОНИИ МАҶБУРИИ ШАҲРВАНД ДАР БЕМОРХОНАИ РАВОНПИЗИШКӢ ВА МУОИНАИ МАҶБУРИИ РАВОНПИЗИШКӢ
Моддаи 307. Пешниҳоди ариза дар бораи бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд дар беморхонаи равонпизишкӣ ё зиёд кардани мӯҳлати бистарикунонии маҷбурии шаҳрванди мубталои бемории рӯҳӣ
1. Аризаи намояндаи беморхонаи равонпизишкӣ дар бораи бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд дар беморхонаи равонпизишкӣ ё зиёд кардани мӯҳлати бистарикунонии маҷбурии шаҳрванди мубталои бемории рӯҳӣ ба суди маҳалли ҷойгиршавии беморхонаи равонпизишкӣ, ки дар он шаҳрванд қарор дорад, пешниҳод карда мешавад.
2. Ба ариза, ки дар он бояд асосҳои пешбининамудаи қонун барои бистарикунонии маҷбурии шаҳрванди мубталои бемории рӯҳӣ дар беморхонаи равонпизишкӣ зикр гардад, хулосаи асосноки комиссияи духтурони равонпизишк оид ба зарурати қарор доштани шаҳрванд дар беморхонаи равонпизишкӣ замима карда мешавад.
Моддаи 308. Мӯҳлати пешниҳоди ариза дар бораи бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд дар беморхонаи равонпизишкӣ
1. Ариза дар бораи бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд дар мӯҳлати чилу ҳашт соат аз лаҳзаи ҷойгиркунонии шаҳрванд дар беморхонаи равонпизишкӣ пешниҳод карда мешавад.
2. Парвандаро оғоз намуда, судя ҳамзамон бистарикунонии шаҳрвандро дар беморхонаи равонпизишкӣ барои мӯҳлате, ки ҷиҳати баррасии ариза оид ба бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд дар беморхонаи равонпизишкӣ зарур аст, тамдид мекунад.
Моддаи 309. Баррасии ариза дар бораи бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд дар беморхонаи равонпизишкӣ ё тамдиди мӯҳлати бистарикунонии маҷбурии шаҳрванде, ки мубталои бемории рӯҳӣ мебошад
1. Аризаро дар бораи бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд дар беморхонаи равонпизишкӣ ё тамдиди мӯҳлати бистарикунонии маҷбурии шаҳрванди мубталои бемории рӯҳӣ судя дар мӯҳлати панҷ рӯз аз оғози парванда баррасӣ менамояд. Маҷлиси судӣ дар бинои суд ё беморхонаи равонпизишкӣ гузаронида мешавад. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсан дар маҷлиси судӣ оид ба бистарикунонии маҷбурӣ ва ё тамдиди мӯҳлати бистарикунонии маҷбурии ӯ иштирок кунад. Агар мутобиқи маълумоти пешниҳодкардаи намояндаи беморхонаи равонпизишкӣ ҳолати рӯҳии шаҳрванд имконият надиҳад, ки ӯ шахсан дар маҷлиси судӣ оид ба парванда ҷиҳати бистарикунонии маҷбурӣ дар беморхонаи равонпизишкӣ ё тамдиди мӯҳлати бистарикунонии маҷбурӣ, ки дар бинои суд доир мегардад, иштирок намояд, судя аризаро оид ба бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд дар беморхонаи равонпизишкӣ ё тамдиди мӯҳлати бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд дар беморхонаи равонпизишкӣ баррасӣ менамояд.
2. Парванда бо иштироки прокурор, намояндаи беморхонаи равонпизишкӣ, ки ба суд бо ариза ҷиҳати бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд дар беморхонаи равонпизишкӣ ё тамдиди мӯҳлати бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд муроҷиат кардааст, намояндаи шаҳрванде, ки нисбат ба он масъалаи бистарикунонии маҷбурӣ ё тамдиди мӯҳлати бистарикунонии маҷбурӣ ҳал карда мешавад, баррасӣ мегардад.
Моддаи 310. Ҳалнома вобаста ба ариза дар бораи бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд дар беморхонаи равонпизишкӣ ё тамдиди мӯҳлати бистарикунонии маҷбурии шаҳрванди мубталои бемории рӯҳӣ
1. Аризаро дар бораи бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд дар беморхонаи равонпизишкӣ ё тамдиди мӯҳлати бистарикунонии маҷбурии шаҳрванди мубталои бемории рӯҳӣ моҳиятан баррасӣ намуда, судя ҳалнома мебарорад, ки мутобиқи он ариза қонеъ гардонида ё рад карда мешавад.
2. Ҳалнома оид ба қонеъгардонии ариза барои бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд дар беморхонаи равонпизишкӣ ё тамдиди мӯҳлати бистарикунонии маҷбурии шаҳрванди мубталои бемории рӯҳӣ ва нигоҳ доштани ӯ дар ҷараёни мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун асос мебошад.
Моддаи 311. Муоинаи маҷбурии равонпизишкӣ
Аризаи духтури равонпизишк дар бораи муоинаи маҷбурии равонпизишкии шаҳрванд ба суди маҳалли истиқомати шаҳрванд пешниҳод карда мешавад. Ба ариза хулосаи асосноки духтури равонпизишк оид ба зарурати чунин муоина ва дигар маводи мавҷуда замима мегардад. Дар мӯҳлати се рӯзи додани ариза судя аризаро ҷиҳати муоинаи маҷбурии равонпизишкии шаҳрванд баррасӣ намуда, дар бораи муоинаи маҷбурии равонпизишкии шаҳрванд ё радди муоинаи маҷбурии равонпизишкии шаҳрванд ҳалнома қабул мекунад.
БОБИ 35(1). БИСТАРИКУНОНИИ МАҶБУРИИ ШАХС ДАР МУАССИСАҲОИ МАХСУСИ ТИББИИ ЗИДДИ БЕМОРИИ СИЛ, ТАЪИНИ ТАШХИСИ ҲАТМӢ БАРОИ ОШКОР КАРДАНИ БЕМОРИИ СИЛ ВА ТАБОБАТИ ОН
(Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1309)
Моддаи 311(1). Пешииҳоди ариза дар бораи бистарикунонии маҷбурии шахс дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил
(Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1309)
1. Ариза оид ба бистарикунонии маҷбурии шахси гирифтори шакли гузарандаи (батсиллярӣ) бемории сил, мунтазам вайронкунандаи низоми санитарию эпидемиологӣ, ки таҳти мушоҳидаи диспансерӣ қарор дорад, аз ҷониби роҳбари муассисаи махсуси тиббии зидди бемории сил ё аъзои оилаи бемор ба суди ҷойи истиқомати бемор ё маҳалли ҷойгиршавии муассисаи махсуси тиббии зидди бемории сил пешниҳод карда мешавад.
2. Ба ариза оид ба бистарикунонии маҷбурӣ хулосаи асосноки комиссияи тиббии духтурон, ки роҳбари муассисаи махсуси тиббии зидди бемории сил таъин кардааст, дар бораи зарурати ба низоми статсионарӣ ҷойгир кардани шахси ғирифтори бемории сил замима карда мешавад.
3. Маҷлиси судӣ дар бинои суд ё муассисаи махсуси тиббии зидди бемории сили низоми статсионарӣ баргузор мегардад. Дар ҳолати мавҷуд будани маълумоти муассисаи махсуси тиббии зидди бемории сил, ки тибқи он ҳузури шахси бемор дар толори суд бинобар хавфи сироят ёфтани атрофиён ғайриимкон мебошад, парванда дар муассисаи махсуси тиббии зидди бемории сили низоми статсионарӣ баррасӣ карда мешавад.
4. Шахси бемор ҳуқуқ дорад дар баррасии ариза оид ба бистарикунонии маҷбурӣ шахсан иштирок намояд. Суд метавонад парвандаро оид ба бистарикунонии шахси гирифтори бемории сил дар ғоибиаш баррасӣ намояд, агар иштироки ӯ дар маҷлиси судӣ вобаста ба вазъи саломатиаш ғайриимкон бошад.
5. Ариза оид ба бистарикунонии маҷбурӣ аз ҷониби суд дар мӯҳлати панҷ рӯз аз рӯзи оғози парванда бо иштироки прокурор, намояндаи муассисаи махсуси тиббии зидди бемории сил ё аъзои оилаи бемор, ки ба суд бо ариза ҷиҳати бистарикунонии маҷбурии шахси бемор муроҷиат кардааст ва шахсе, ки нисбати ӯ масъалаи бистарикунонии маҷбурӣ ҳал карда мешавад ё намояндаи ӯ баррасӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1309).
Моддаи 311(2). Ҳалнома вобаста ба ариза дар бораи бистарикунонии маҷбурии шахс дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил
(Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1309)
1. Аризаро оид ба бистарикунонии маҷбурии шахс дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил моҳиятан баррасӣ намуда, суд ҳалнома мебарорад, ки мутобиқи он ариза қонеъ гардонида ё рад карда мешавад.
2. Ҳалнома оид ба қонеъгардонии ариза барои бистарикунонии маҷбурии шахс дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил асос мебошад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1309).
Моддаи 311(3). Таъини ташхиси ҳатмӣ барои ошкор кардан ва табобати бемории сил
(Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1309)
1. Аризаи роҳбари муассисаи тиббӣ ё аъзои оилаи бемор оид ба таъини ташхиси ҳатхмӣ барои ошкор кардани бемории сил ва табобати бемор ба суди маҳалли истиқомати шахсе, ки аз ташхис қасдан саркашӣ менамояд, пешниҳод карда мешавад.
2. Ба ариза хулосаи асосноки тиббӣ дар бораи зарурати гузаронидани ташхиси ҳатмӣ барои ошкор кардани бемории сил ва ҳуҷҷатҳои дигар замима карда мешаванд.
3. Ариза аз ҷониби суд дар мӯҳлати се рӯз бо иштироки прокурор, намояндаи муассисаи тиббӣ ё аъзои оилаи бемор, ки ба суд бо ариза ҷиҳати таъини ташхиси ҳатмӣ барои ошкор кардани бемории сил ва табобати он муроҷиат кардааст, шахсе, ки нисбати ӯ масъалаи таъини ташхиси ҳатмӣ ҳал карда мешавад ё намояндаи ӯ баррасӣ мегардад.
4. Суд аризаро дар бораи таъини ташхиси ҳатмӣ барои ошкор кардан ва табобати бемории сил моҳиятан баррасӣ намуда, дар хусуси қонеъ гардонидан ё рад намудани он ҳалнома қабул мекунад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1309).
БОБИ 36. БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИСЛОҲ, ТАҒЙИРОТ ВА ИЛОВАҲО БА САБТИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ
Моддаи 312. Пешниҳоди ариза дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Суд парвандаро оид ба ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар сурате баррасӣ менамояд, ки агар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳангоми мавҷуд набудани баҳс оид ба ҳуқуқ ба сабтҳои анҷомдодаашон ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳоро рад карда бошад.
2. Ариза дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба суди маҳалли истиқомати аризадиҳанда пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 313. Мӯҳтавои ариза дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
Дар ариза ҷиҳати ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бояд зикр гардад, ки нодурустии сабт дар санади ҳолати шаҳрвандӣ аз чӣ иборат аст, кай ва кадом мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба сабти анҷомдодааш ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳоро рад кардааст.
Моддаи 314. Ҳалнома вобаста ба ариза дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
Ҳалнома, ки мувофиқи он саҳву хатогиҳои сабт дар санади ҳолати шаҳрвандӣ муайян гардидааст, барои ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба чунин сабт аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ асос мебошад.
БОБИ 37. БАРРАСИИ АРИЗА ДАР БОРАИ АНҶОМ ДОДАНИ АМАЛИ НОТАРИАЛӢ Ё РАД НАМУДАНИ АНҶОМ ДОДАНИ ОН
Моддаи 315. Пешниҳоди ариза дар бораи анҷом додани амали нотариалӣ ё рад намудани анҷом додани он
1. Шахси манфиатдоре, ки анҷом додани амали нотариалӣ ё рад намудани анҷом додани амали нотариалиро нодуруст ҳисоб мекунад, ҳуқуқ дорад дар ин хусус ба суди маҳалли ҷойгиршавии мақомоти нотариалӣ ё маҳалли ҷойгиршавии шахси мансабдоре, ки барои анҷом додани амали нотариалӣ ваколатдор шудааст, ариза пешниҳод намояд.
2. Ариза дар бораи нодуруст тасдиқ намудани васиятнома ё ваколатнома ё рад намудани қонеъ кардани он аз ҷониби шахсони мансабдори дар қонун зикршуда мутаносибан ба суди маҳалли ҷойгиршавии госпитал, беморхона, санатория, дигар муассисаи статсионарии муолиҷавӣ, муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла хонаи пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, экспедитсияҳо, қисмҳои ҳарбӣ, ҷузъу томҳо, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ пешниҳод мегардад.
3. Ариза дар бораи нодуруст тасдиқ намудани васиятнома ё рад намудани қонеъ кардани он аз ҷониби капитани киштӣ, киштиҳои ҳаракати омехта ё киштиҳои ҳаракати дохилӣ, ки таҳти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шино мекунанд, ба суди маҳалли бандари бақайдгирии киштӣ пешниҳод мегардад.
4. Ариза ба суд дар мӯҳлати даҳ рӯзе, ки ба аризадиҳанда анҷом додани амали нотариалӣ ё рад намудани анҷом додани амали нотариалӣ маълум шудааст, пешниҳод мегардад.
5. Суд баҳсҳои байни шахсони манфиатдор ба миёномадаро оид ба ҳуқуқе, ки ба анҷом додани амали нотариалӣ асос ёфтааст, бо тартиби мурофиаи даъво баррасӣ менамояд.
Моддаи 316. Баррасии ариза дар бораи анҷом додани амали нотариалӣ ё рад намудани анҷом додани он
Суд аризаро дар бораи анҷом додани амали нотариалӣ ё рад намудани анҷом додани он бо иштироки аризадиҳанда, нотариус, шахси мансабдоре, ки амали нотариалиро анҷом додааст ё анҷом додани амали нотариалиро рад кардааст, баррасӣ менамояд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои баррасии ариза монеа шуда наметавонад.
Моддаи 317. Ҳалнома дар бораи анҷом додани амали нотариалӣ ё рад намудани анҷом додани он
Ҳалнома, ки тибқи он ариза дар бораи анҷом додани амали нотариалӣ ё рад намудани анҷом додани он қонеъ гардонида шудааст, амали анҷомдодашудаи нотариалиро бекор мекунад ё ӯҳдадор менамояд, ки чунин амал анҷом дода шавад.
БОБИ 38. БАРҚАРОР КАРДАНИ ПАРВАНДАИ СУДИИ ГУМШУДА
Моддаи 318. Тартиби барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
1. Пурра ё қисман барқарор кардани парвандаи судии гумшуда, ки бо қабули ҳалнома ё баровардани таъинот дар хусуси қатъи мурофиаи судии парванда хотима ёфтааст, аз ҷониби суд бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин боб анҷом дода мешавад.
2. Парванда дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда дар асоси аризаи шахсони иштирокчии парванда оғоз карда мешавад.
Моддаи 319. Пешниҳоди ариза дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
1. Ариза дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда ба суде, ки вобаста ба моҳияти баҳс ҳалнома қабул кардааст ё дар хусуси қатъи истеҳсолоти судӣ оид ба парванда таъинот баровардааст, пешниҳод карда мешавад.
2. Дар ариза дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд:
- аризадиҳанда маҳз дар хусуси барқарор кардани кадом парвандаи судӣ хоҳиш намудааст оё суд нисбат ба он моҳиятан ҳалнома қабул кардааст ё баррасии парванда қатъ гардидааст;
- аризадиҳанда дар парванда кадом мавқеи мурофиавиро ишғол менамуд, дар парванда боз кӣ ва бо кадом мавқеи мурофиавӣ иштирок дошт, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии ин шахсон;
- аризадиҳанда дар бораи ҳолатҳои гум шудани парванда ё маҳалли ҷойгиршавии нусхаи парванда чӣ гуна маълумот дорад;
- аризадиҳанда маҳз барқарор кардани кадом ҳуҷҷатҳоро зарур мешуморад ва барқарор кардани онҳо барои кадом мақсадҳо заруранд.
3. Ба ариза ҳуҷҷатҳои мавҷуда ва марбут ба парванда ё нусхаҳои онҳо, ҳатто агар бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда нашуда бошанд ҳам, замима мегарданд.
4. Аризадиҳанда аз пардохти хароҷоти судӣ, ки ҳангоми баррасии парванда ҷиҳати барқарор кардани парвандаи судии гумшуда масраф шудааст, озод карда мешавад.
Моддаи 320. Беҳаракат ё бе баррасӣ монондани ариза дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
1. Суд ҳангоми дар аризаи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда баён накардани мақсадҳои дахлдори муроҷиат онро беҳаракат мемонад ва ба аризадиҳанда мӯҳлатеро муайян менамояд, ки барои зикри мақсадҳо заруранд.
2. Агар мақсади муроҷиати зикрнамудаи аризадиҳанда ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии он алоқаманд набошад, суд оғози парвандаро ҷиҳати барқарор кардани парвандаи судии гумшуда рад менамояд ё агар парванда оғоз шуда бошад, тибқи таъиноти асоснок аризаро бе баррасӣ мемонад.
Моддаи 321. Рад намудани ариза дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
1. Парвандаи судие, ки то моҳиятан баррасӣ намудани парванда гум шудааст, набояд барқарор карда шавад. Дар ин ҳолат даъвогар ҳуқуқ дорад даъвои нав пешниҳод кунад. Дар таъинот дар бораи оғози парванда оид ба даъвои нав вобаста ба гум кардани парвандаи судӣ ин ҳолат бояд ҳатман инъикос гардад.
2. Суд ҳангоми баррасии парванда мутобиқи даъвои нав қисми боқимондаи парванда, ҳуҷҷатҳоеро, ки аз парванда то гум шудани парванда ба шаҳрвандон, ташкилотҳо дода шудаанд, нусхаи ин ҳуҷҷатҳо, дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба парвандаро истифода мебарад.
3. Суд метавонад ба сифати шоҳид шахсонеро, ки ҳангоми анҷом додани амали мурофиавӣ иштирок доштанд ва ҳангоми зарурат судяҳоеро, ки парвандаро баррасӣ намудаанд ва парвандаи онҳо гум шудааст, инчунин шахсони иҷрокунандаи ҳалномаро пурсон шавад.
Моддаи 322. Ҳалнома дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
1. Ҳалнома ё таъинот дар бораи қатъи парвандаи судӣ, агар он вобаста ба парванда қабул гардида бошад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 323 ҳамин Кодекс бояд барқарор карда шавад.
2. Дар ҳалнома дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда ё таъинот дар бораи қатъи парвандаи судӣ зикр мегардад, ки дар асоси кадом далелҳои ба суд пешниҳодшуда ва дар маҷлиси судӣ дар ҳузури ҳамаи иштирокчиёни мурофиа таҳқиқгардида суд мӯҳтавои ҳалномаи барқароршавандаро барқароршуда ҳисоб мекунад.
3. Дар қисми асосноккунонии ҳалнома дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда хулосаи суд оид ба ҳолатҳои исботшуда, ки суд муҳокима намудааст, инчунин дар хусуси амали мурофиавии иҷрогардида вобаста ба парвандаи гумшуда зикр карда мешавад.
Моддаи 323. Қатъ намудани баррасии парванда дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
1. Ҳангоми нокифоя будани маводи ҷамъшуда барои аниқ барқарор намудани ҳалнома вобаста ба парвандаи судии гумшуда суд бо таъинот баррасии парвандаро дар хусуси барқарор кардани парвандаи судии гумшуда қатъ менамояд ва ба шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқи пешниҳоди даъворо бо тартиби умумӣ тавзеҳ медиҳад.
2. Баррасии ариза дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда бо мӯҳлати нигаҳдории он маҳдуд карда намешавад. Ҳангоми муроҷиат бо ариза дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда бо мақсади иҷрои он, агар мӯҳлати пешниҳоди варақаи иҷро барои иҷрои даъво гузашта бошад ва онро суд барқарор накунад, суд ҳамчунин баррасии парвандаро дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда қатъ менамояд.
Моддаи 324. Тартиби пешниҳоди шикоят нисбат ба санадҳои судӣ оид ба парвандаҳо дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
1. Нисбати санадҳои судие, ки бо барқарор кардани парвандаи судии гумшуда алоқаманданд, бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс шикоят намудан мумкин аст.
2. Ҳангоми дидаю дониста пешниҳод кардани аризаи бардурӯғ хароҷоти судӣ вобаста ба оғози парванда тибқи ариза дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда аз аризадиҳанда ситонида мешавад.
ФАСЛИ III АЗ НАВ БАРРАСӢ НАМУДАНИ САНАДҲОИ СУДӢ, КИ ЭЪТИБОРИ ҚОНУНӢ ПАЙДО НАКАРДААНД
БОБИ 39. МУРОФИА ДАР СУДИ МАРҲИЛАИ КАССАТСИОНӢ
Моддаи 325. Ҳуқуқи пешниҳод намудани шикоят ва эътирози кассатсионӣ
Нисбат ба ҳамаи халномаҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марҳилаи якум қабул карда шудаанд, аз ҷониби шахсони иштирокчии парванда мумкин аст шикояти кассатсионӣ ва прокурор дар доираи ваколатҳои худ эътирози кассатсионӣ пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1898).
Моддаи 326. Тартиби пешниҳод намудани шикоят ва эътирози кассатсионӣ
1. Нисбат ба ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдонакардаи марҳилаи якум бо тартиби кассатсионӣ мумкин аст шикоят ва эътирози кассатсионӣ пешниҳод карда шаванд:
- оид ба ҳалномаи судҳои шаҳр ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҳалномаҳои судҳои ҳарбии гарнизонҳо - ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- оид ба ҳалномаи судҳои шаҳр ва ноҳия, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе қарор доранд мутаносибан ба суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе;
- оид ба ҳалномаи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе, ки ба сифати суди марҳилаи якум амал кардаанд - ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- оид ба ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сифати суди марҳилаи якум қабул кардааст - мутаносибан ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маданӣ, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 582, аз 03.01.2024 № 2022).
2. Шикоят ва эътирози кассатсионӣ ба воситаи суде, ки ҳалномаро қабул кардааст, пешниҳод карда мешаванд.
Моддаи 327. Мӯҳлати пешниҳод намудани шикоят ва эътирози кассатсионӣ
Шикоят ва эътирози кассатсионӣ мумкин аст дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи супоридани ҳалномаи асоснок ба тарафҳо пешниҳод карда шавад.
Моддаи 328. Мӯҳтавои шикоят ва эътирози кассатсионӣ
1. Шикоят ва эътирози кассатсионӣ бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:
- номи суде, ки ба он шикоят ва эътироз пешниҳод мегардад;
- насаб, ном ва номи падари шахс ё намояндаи ӯ, ки шикоят ё эътирозро пешниҳод намудааст, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии он (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- ишора ба ҳалномае, ки нисбат ба он шикоят ё эътироз пешниҳод гардидааст;
- талаботи шахсе, ки шикоят пешниҳод намудааст ё талаботи прокуроре, ки эътироз овардааст, инчунин асосҳое, ки мутобиқи он ҳалномаро нодуруст ҳисоб мекунанд;
- номгӯи далелҳое, ки ба шикоят ва эътироз замима гардидаанд.
2. Истиноди шахсе, ки шикояти кассатсионӣ ё прокуроре, ки эътирози кассатсионӣ ба далелҳои нави ба суди марҳилаи якум пешниҳоднашуда овардаанд, танҳо ҳангоме иҷозат дода мешавад, ки агар имконнопазирии пешниҳоди чунин далелҳо ба суди марҳилаи якум дар шикоят ва эътироз асоснок карда шуда бошад.
3. Шикояти кассатсиониро шахси пешниҳоднамуда ё намояндаи ӯ имзо мегузоранд ва эътирози кассатсиониро - прокурор. Ба шикояти пешниҳоднамудаи намоянда бояд ваколатнома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати намоянда замима карда шавад, агар дар парванда чунин ваколат мавҷуд набошад.
4. Шикоят ё эътирози кассатсионӣ метавонад дар шакли электронӣ бо имзои электронии рақамии тасдиқшуда тавассути ҷойгир намудани он дар сомонаи суд пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
Моддаи 329. Нусхаҳои шикоят ва эътирози кассатсионӣ
Шикоят ва эътирози кассатсионӣ далелҳои хаттии ба онҳо замимагардида ба суд бо нусхаҳо мутаносибан ба теъдоди шахсони иштирокчии парванда пешниҳод карда мешаванд.
Моддаи 330. Беҳаракат монондани шикоят ва эътирози кассатсионӣ
1. Ҳангоми пешниҳоди шикоят ва эътирози кассатсионӣ, ки ба талаботи пешбининамудаи моддаҳои 328 ва 329 ҳамин Кодекс мутобиқ намебошанд, суд таъинот қабул мекунад, ки дар асоси он шикоят ва эътироз беҳаракат мононда мешавад ва суд ба шахси пешниҳоднамудаи шикоят ва эътироз барои ислоҳи норасоиҳо мӯҳлат муқаррар менамояд.
2. Агар шахси пешниҳоднамудаи шикоят ва эътирози кассатсионӣ дар мӯҳлатҳои муқарраргардида нишондодҳои дар таъинот зикргардидаро иҷро кунад, шикоят ва эътироз аз рӯзи пешниҳоди ибтидоӣ ба суд воридгардида ба ҳисоб меравад.
3. Нисбат ба таъиноти суд дар хусуси беҳаракат монондани шикоят ва эътирози кассатсионӣ мумкин аст шикояти хусусӣ ва эътироз пешниҳод гардад.
Моддаи 331. Баргардонидани шикоят ва эътирози кассатсионӣ
1. Шикояи кассатсионӣ ба шахси пешниҳоднамуда ва эътирози кассатсионӣ ба прокурор дар ҳолатҳои зерин баргардонида мешавад:
- агар нишондоди судя ҷиҳати беҳаракат монондани шикоят ва эътирози кассатсионӣ, ки дар таъинот зикр шудааст, дар мӯҳлати муқарраргардида иҷро нашуда бошад;
- ҳангоми гузаштани мӯҳлати шикоят ва эътироз, агар дар шикоят ва эътироз дар хусуси барқарор намудани мӯҳлат дархост пешниҳод нашуда бошад ё рад карда шуда бошад.
2. Шикояти кассатсионӣ инчунин бо хоҳиши шахси пешниҳоднамудаи шикоят, эътирози кассатсионӣ - дар ҳолати бозхонд шудан аз ҷониби прокурор, агар парванда ба суди марҳилаи кассатсионӣ ирсол нагардида бошад, баргардонида мешаванд.
3. Баргардонидани шикояти кассатсионӣ ба шахси шикоят пешниҳоднамуда ва эътирози кассатсионӣ ба прокурор дар асоси таъиноти суди марҳилаи якум анҷом дода мешавад. Шахси пешниҳоднамудаи шикоят ё прокурори эътироз оварда ҳуқуқ дорад нисбат ба таъиноти зикргардида ба суди болоӣ шикояти хусусӣ ва эътироз пешниҳод кунад.
Моддаи 332. Амали суди марҳилаи якум баъди гирифтани шикоят ва эътирози кассатсионӣ
1. Судя баъди гирифтани шикоят ва эътирози кассатсионӣ, ки мутобиқи мӯҳлати муқаррарнамудаи моддаи 327 ҳамин Кодекс пешниҳод гардида, ҷавобгӯи талаботи моддаҳои 328 ва 329 ҳамин Кодекс мебошад, ӯҳдадор аст:
- дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи баъд аз гирифтани онҳо ба шахсони иштирокчии парванда нусхаи шикоят ва эътироз ва далелҳои хаттии замимагардидаро пешниҳод намояд;
- шахсони иштирокчии парвандаро оид ба вақт ва маҳалли баррасии шикоят ва эътироз тибқи тартиби кассатсионӣ дар суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе огоҳ кунад. Оид ба рӯзи баррасии шикоят ва эътирози кассатсионӣ дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони иштирокчии парвандаро Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ мекунад;
- баъди гузаштани мӯҳлате, ки барои шикоят ва эътирози кассатсионӣ муқаррар гардидааст, парвандаро ба суди марҳилаи кассатсионӣ ирсол намояд.
2. То гузаштани мӯҳлате, ки барои шикоят ва эътирози кассатсионӣ муқаррар гардидааст, парвандаро аз суд талаб карда гирифтан мумкин нест. Шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ доранд дар суд бо маводи парванда, шикоят ва эътирози кассатсионӣ ва норозигӣ нисбат ба шикоят ва эътирози воридгардида шинос шаванд.
Моддаи 333. Норозигӣ нисбат ба шикоят ва эътирози кассатсионӣ
1. Шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ доранд нисбат ба шикоят ва эътирози кассатсионӣ дар шакли хаттӣ норозигӣ пешниҳод намоянд ва ба он ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи чунин норозигиро замима кунанд.
2. Норозигӣ нисбат ба шикоят ва эътирози кассатсионӣ ва ҳуҷҷатҳои ба онҳо замимагардида бояд бо нусхаҳо мутаносибан ба теъдоди шахсони иштирокчии парванда пешниҳод карда шавад.
Моддаи 334. Даст кашидан аз шикоят ва эътирози кассатсионӣ
1. Шахсе, ки шикояти кассатсионӣ пешниҳод кардааст, ҳуқуқ дорад дар шакли хаттӣ ба суди марҳилаи кассатсионӣ то қабул намудани қарори дахлдори судӣ муроҷиат карда, аз шикоят даст кашад. Прокуроре, ки эътирози кассатсионӣ овардааст, ҳуқуқ дорад то оғози маҷлиси судӣ онро бозхонд намояд. Оиди бозхонд намудани эътирози кассатсионӣ шахсони иштирокчии парванда хабардор карда мешаванд.
2. Дар бораи қабули аризаи даст кашидан аз шикоят ва эътирози кассатсионӣ суди марҳилаи кассатсионӣ таъинот қабул мекунад, ки мутобиқи он баррасии кассатсионӣ қатъ мегардад, агар нисбат ба ҳалномаи суди марҳилаи якум дигар шахсон шикоят ва эътироз пешниҳод накарда бошанд.
Моддаи 335. Аз даъво даст кашидани даъвогар ё созиши оштии тарафҳо дар суди марҳилаи кассатсионӣ
1. Аз даъво даст кашидани даъвогар ё созиши оштии тарафҳо, ки баъди қабули шикоят ва эътирози кассатсионӣ сурат гирифтааст, бояд дар аризаҳои дар шакли хаттӣ ба суди марҳилаи кассатсионӣ пешниҳодгардида зикр карда шавад.
2. Тартиб ва оқибатҳои баррасии аризаи аз даъво даст кашидани даъвогар ё аризаи тарафҳо дар хусуси созиши оштӣ мутобиқи қоидаҳои қисмҳои 2 ва 3 моддаи 176, 177 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад. Ҳангоми қабули аризаи даст кашидан аз даъво ё тасдиқи созиши оштии тарафҳо суди марҳилаи кассатсионӣ ҳалномаи қабулнамударо бекор карда, баррасии парвандаро қатъ менамояд.
Моддаи 336. Ҳадди баррасии парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ
1. Суди марҳилаи кассатсионӣ қонунӣ ва асоснокии ҳалномаи суди марҳилаи якумро бо дарназардошти ваҷҳҳои дар шикоят ва эътирози кассатсионӣ пешниҳодшуда ва норозигиҳоро нисбат ба шикоят ва эътироз месанҷад. Суд далелҳои мавҷудаи парванда ва иловатан пешниҳодшударо баҳо дода, агар эътироф намояд, ки онҳоро тараф наметавонист ба суди марҳилаи якум пешниҳод намояд, далел ва муносибатҳои ҳуқуқии дар ҳалномаи шикоят ва эътирозшуда зикргардидаро тасдиқ мекунад ё ваҷҳ ва муносибатҳои нави ҳуқуқиро муайян менамояд.
2. Суди марҳилаи кассатсионӣ бо мақсади таъмини волоияти қонун ҳуқуқ дорад ҳалномаи суди марҳилаи якумро дар ҳаҷми пурра санҷад.
Моддаи 337. Мӯҳлати баррасии парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ
1. Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе парвандаи тибқи шикоят ва эътирози кассатсионӣ пешниҳодшударо бояд дар мӯҳлати на дертар аз як моҳи воридшавии он баррасӣ намоянд.
2. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи тибқи шикоят ва эътирози кассатсионӣ пешниҳодшударо бояд дар мӯҳлати на дертар аз ду моҳи воридшавии он баррасӣ намояд.
Моддаи 338. Тартиби маҷлиси судӣ дар суди марҳилаи кассатсионӣ
Тартиби маҷлиси судӣ дар суди марҳилаи кассатсионӣ ва тадбирҳои таъминкунандаи он тибқи қоидаҳои моддаҳои 161 ва 162 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
Моддаи 339. Маҷлиси судӣ дар суди марҳилаи кассатсионӣ
Маҷлиси судӣ дар суди марҳилаи кассатсионӣ мутобиқи қоидаҳое, ки ҳамин Кодекс барои гузаронидани маҷлиси судии марҳилаи якум пешбинӣ намудааст ва бо дарназардошти қоидаҳои дар ҳамин боб зикргардида гузаронида мешавад.
Моддаи 340. Оғози муҳокимаи парванда
Раисикунандаи маҷлиси судӣ маҷлиси коллегияи (мушовараи) судиро оғоз намуда, эълон мекунад, ки кадом парванда, шикоят ва эътирози кассатсионӣ аз они кӣ ва аз болои ҳалномаи кадом суд баррасӣ карда мешавад ва муайян менамояд, ки кадоме аз иштирокчиёни парванда, намояндагони онҳо ҳозир шудаанд, шахсияти ҳозиршудагонро муайян карда, ваколати шахсони мансабдор ва намояндагони онҳоро муқаррар менамояд.
Моддаи 341. Эълони ҳайати суд ва тавзеҳи ҳуқуқи рад намудан
1. Раисикунандаи маҷлиси судӣ ҳайати коллегияи судиро эълон карда, ба шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқашонро барои изҳори рад намудан тавзеҳ медиҳад.
2. Асосҳо барои худрадкунӣ ва рад намудан, тартиби ҳалли онҳо, инчунин оқибатҳои қонеъгардонии чунин аризаҳо мутобиқи моддаҳои 18-23 ҳамин Кодекс муайян карда мешаванд.
Моддаи 342. Ба шахсони иштирокчии парванда тавзеҳ додани ҳуқуқ ва ӯҳдадории мурофиавии онҳо
Раисикунандаи маҷлиси судӣ ба шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ ва ӯҳдадории мурофиавиашонро тавзеҳ медиҳад.
Моддаи 343. Оқибатҳои ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани шахсони иштирокчии парванда
1. Ҳангоми ба маҷлиси коллегияи (мушовараи) судӣ ҳозир нашудани ин ё он шахсе, ки иштирокчии парванда мебошанд, аммо оид ба вақт ва маҳалли баррасии парванда огоҳ карда нашудаанд, суд баррасии парвандаро мавқуф мегузорад.
2. Ба суд ҳозир нашудани шахсони иштирокчии парванда, ки оид ба вақт ва маҳалли баррасии парванда огоҳ карда шудаанд, барои муҳокимаи парванда монеа намебошад, аммо суд ҳуқуқ дорад дар чунин ҳолатҳо низ муҳокимаи парвандаро мавқуф гузорад.
Моддаи 344. Аз ҷониби суд ҳал намудани дархости шахсони иштирокчии парванда
Суд дархости шахсони иштирокчии парвандаро оид ба ҳамаи масъалаҳои марбут ба муҳокимаи парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ пас аз шунидани фикри дигар шахсони иштирокчии парванда ҳал менамояд. Дархостҳои пешниҳодшударо суд мутобиқи қоидаҳои моддаи 169 ҳамин Кодекс ҳал менамояд.
Моддаи 345. Маърӯза оид ба парванда
Баррасии парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ аз маърӯзаи раисикунандаи маҷлиси судӣ ё яке аз судяҳо оғоз мегардад. Маърӯзачӣ ҳолатҳои парванда, мӯҳтавои ҳалномаи суди марҳилаи якум, далелҳои шикоят ва эътирози кассатсионӣ ва норозигии нисбат ба онҳо воридгардида, мазмуни далелҳои нави ба суд пешниҳодшударо баён намуда, инчунин дар хусуси дигар маълумоте, ки суд бояд барои санҷиши ҳалнома баррасӣ намояд, иттилоъ медиҳад.
Моддаи 346. Баёноти шахсони иштирокчии парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ
Баъди маърӯзаи раисикунандаи маҷлиси судӣ ё яке аз судяҳои суди марҳилаи кассатсионӣ баёноти шахсони дигари иштирокчии парванда, намояндагони онҳоро, ки ба маҷлиси судӣ ҳозир шудаанд, мешунавад. Аввалин шуда шахсе, ки шикояти кассатсионӣ пешниҳод кардааст ё намояндаи ӯ баромад мекунад ё ин ки прокурор, агар эътирози кассатсионӣ оварда бошад. Ҳангоми аз ҷониби ҳар ду тараф пешниҳод намудани шикоят ва эътироз нисбат ба ҳалнома аввалин шуда даъвогар баромад мекунад.
Моддаи 347. Таҳқиқи далелҳо
1. Баъди баёноти шахсони иштирокчии парванда, ҳангоми зарурат, суди марҳилаи кассатсионӣ далелҳои дар парванда мавҷудбударо эълон ва далелҳои нав пешниҳодшударо таҳқиқ менамояд, агар эътироф кунад, ки онҳоро тараф наметавонист ба суди марҳилаи якум пешниҳод намояд. Дар хусуси қабули далелҳои нав суди марҳилаи кассатсионӣ таъинот қабул мекунад.
2. Тарафҳо ҳуқуқ доранд дар хусуси даъват ва пурсиши шоҳидони иловагӣ, барои талаб карда гирифтани дигар далелҳое, ки таҳқиқи онҳоро суди марҳилаи якум барояшон рад карда буд, дархост пешниҳод намоянд.
3. Таҳқиқи далелҳо бо тартибе, ки барои суди марҳилаи якум муқаррар гардидааст, анҷом дода мешавад.
Моддаи 348. Музокираҳои судӣ дар суди марҳилаи кассатсионӣ
1. Агар суди марҳилаи кассатсионӣ далелҳои навро таҳқиқ карда бошад, мутобиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 195 ҳамин Кодекс музокираҳои судӣ доир мегарданд. Дар музокираҳои судӣ аввалин шуда шахсе, ки шикоят ё прокуроре, ки эътирози кассатсионӣ пешниҳод кардааст, баромад мекунад.
2. Суд баъди хотимаи музокираҳои судӣ барои қабул намудани қарори кассатсионӣ ба хонаи машваратӣ мегузарад.
Моддаи 349. Қабул кардани қарори кассатсионӣ ва эълони он
Машварати судяҳои суди марҳилаи кассатсионӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаи 17 ҳамин Кодекс сурат мегирад. Қабул кардани қарори кассатсионӣ ё эълони он тибқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаҳои 198-199 ҳамин Кодекс анҷом дода мешавад.
Моддаи 350. Ҳуқуқи суди марҳилаи кассатсионӣ ҳангоми баррасии шикоят ва эътирози кассатсионӣ
1. Суди марҳилаи кассатсионӣ ҳангоми баррасии шикоят ва эътирози кассатсионӣ ҳуқуқ дорад:
- ҳалномаи суди марҳилаи якумро тағйир надиҳад, шикоят ва эътирози кассатсиониро қонеъ нагардонад;
- ҳалномаи суди марҳилаи якумро пурра ё қисман бекор кунад ва парвандаро барои баррасии нав ба ҳамон суд ирсол намояд, агар вайронкуниҳои роҳдодаи суди марҳилаи якумро суди марҳилаи кассатсионӣ ислоҳ карда натавонад;
- ҳалномаи суди марҳилаи якумро тағйир диҳад ё бекор кунад, агар ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта дар асоси далелҳои мавҷудбуда ва иловатан пешниҳодгардида муайян карда шуда бошанд, парвандаро ба баррасии нав ирсол накарда, ҳалномаи нав барорад;
- ҳалномаи суди марҳилаи якумро пурра ё қисман бекор кунад, мурофиаи парвандаро қатъ намояд ё аризаро бе баррасӣ монад.
2. Дар сурати ду маротиба бекор карда шудани ҳалномаҳои судӣ вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро ба баррасии ҳамин суд ба сифати суди марҳилаи якум ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
Моддаи 351. Асосҳо барои бекор кардан ё тағйир додани ҳалнома бо тартиби кассатсионӣ
1. Асосҳо барои бекор кардан ё тағйир додани ҳалнома бо тартиби кассатсионӣ инҳо мебошанд:
- нодуруст муайян кардани ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта;
- исбот нагардидани ҳолатҳои муайяннамудаи суди марҳилаи якум, ки барои парванда дорои аҳамият мебошанд;
- номутобиқатии хулосаи суди марҳилаи якум вобаста ба ҳолатҳои парванда, ки дар ҳалнома дарҷ гардидаанд;
- вайрон кардан ё татбиқи нодурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ё меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавӣ.
2. Ҳалномаи моҳиятан дурусти суди марҳилаи якум наметавонад танҳо бо як фикру мулоҳизаи расмӣ бекор карда шавад.
Моддаи 352. Вайрон кардан ё татбиқи нодурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ
Меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ дар ҳолатҳои зайл вайронкардашуда ё нодуруст татбиқгардида ба ҳисоб мераванд, агар:
- суд қонунеро, ки бояд татбиқ гардад, татбиқ накарда бошад;
- суд қонунеро татбиқ намуда бошад, ки набояд татбиқ гардад;
- суд қонунро нодуруст маънидод карда бошад.
Моддаи 353. Вайрон кардан ё татбиқи нодурусти меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавӣ
1. Вайрон кардан ё татбиқи нодурусти меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавӣ барои бекор кардани ҳалномаи суди марҳилаи якум танҳо ба шарте асос шуда метавонад, агар ин вайрон кардан ё татбиқи нодуруст боиси ҳалли нодурусти парванда гардида бошад ё метавонист боиси он гардад.
2. Ҳалномаи суди марҳилаи якум новобаста аз далелҳои шикоят ва эътирози кассатсионӣ дар ҳолатҳои зерин бояд бекор карда шавад, агар:
- парвандаро суд бо ҳайати ғайриқонунӣ баррасӣ карда бошад;
- парвандаро суд ҳангоми ҳозир набудани яке аз шахсони иштирокчии парванда, ки оид ба вақт ва маҳалли гузаронидани маҷлиси судӣ огоҳ карда нашудааст, баррасӣ карда бошад;
- ҳангоми баррасии парванда қоидаҳо оид ба забони мурофиаи судӣ риоя нагардида бошанд;
- суд масъаларо оид ба ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсоне ҳал карда бошад, ки барои иштирок ба муҳокимаи парванда ҷалб нашудаанд;
- ҳалномаро судя имзо накарда бошад ё ҳалномаро на ҳамон судя ё судяҳо имзо карда бошанд, ки дар ҳалнома зикр шудаанд;
- ҳалномаро на он судяҳое қабул карда бошанд, ки ба ҳайати суди парвандаро баррасинамуда дохил буданд;
- дар парванда протоколи маҷлиси судӣ мавҷуд набошад;
- ҳангоми баровардани ҳалнома қоидаҳои махфияти машварати судӣ риоя нагардида бошанд.
Моддаи 354. Бекор кардани ҳалномаи суди марҳилаи якум бо қатъ намудани мурофиаи парванда ё бе баррасӣ монондани ариза
Ҳалномаи суди марҳилаи якум бо тартиби кассатсионӣ бо қатъ намудани мурофиаи парванда ё бе баррасӣ монондани ариза тибқи асосҳои пешбининамудаи моддаҳои 225 ва 227 ҳамин Кодекс бекор карда мешавад.
Моддаи 355. Мӯҳтавои қарори суди марҳилаи кассатсионӣ
1. Санади суди марҳилаи кассатсионӣ дар шакли қарори кассатсионӣ қабул карда мешавад.
2. Дар қарори суди марҳилаи кассатсионӣ бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд:
- сана ва маҳалли қабул кардани қарор;
- номи суде, ки қарор қабул кардааст, ҳайати суд;
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки шикоят ва эътирози кассатсионӣ пешниҳод намудааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- мӯҳтавои мухтасари ҳалномаи шикоят ва эътирозшудаи суди марҳилаи якум, шикоят ва эътирози кассатсионӣ, далелҳои пешниҳодгардида, баёноти шахсоне, ки ҳангоми баррасии парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ иштирок намудаанд;
- хулосаи суд оид ба натиҷаҳои баррасии шикоят ва эътирози кассатсионӣ;
- асосҳое, ки тибқи он суд хулосаи худро баровардааст ва истинод ба қонуне, ки суд ба роҳбарӣ гирифтааст.
3. Суд ҳангоми қонеъ нагардонидани шикоят ва эътирози кассатсионӣ ӯҳдадор аст асосҳоеро, ки мутобиқи он ваҷҳҳои шикоят ва эътироз рад карда шудаанд, зикр намояд.
4. Ҳангоми пурра ё қисман бекор кардани ҳалнома ё супоридани парванда ҷиҳати баррасии нав суд ӯҳдадор аст амалеро, ки суди марҳилаи якум ҳангоми баррасии нави парванда бояд анҷом диҳад, зикр намояд.
Моддаи 356. Эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суди марҳилаи кассатсионӣ
Қарори суди марҳилаи кассатсионӣ аз рӯзи қабул кардани он эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
Моддаи 357. Таъиноти хусусии суди марҳилаи кассатсионӣ
Суди марҳилаи кассатсионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 231 ҳамин Кодекс ҳуқуқ дорад таъиноти хусусӣ барорад.
Моддаи 358. Ҳатмӣ будани нишондодҳои суди марҳилаи кассатсионӣ
1. Нишондодҳои марбут ба зарурати гузаронидани амали мурофиавӣ, ки дар қарори суди марҳилаи кассатсионӣ зикр гардидааст, ҳангоми бекор кардани ҳалномаи суди марҳилаи якум ва супоридани парванда ҷиҳати баррасии нав барои суде, ки ҳамин парвандаро аз нав баррасӣ мекунад, ҳатмӣ мебошад.
2. Суди марҳилаи кассатсионӣ ҳуқуқ надорад масъалаҳои боэътимод ё беэътимод будани ин ё он далел, афзалияти як далел нисбат ба дигар далел, инчунин дар хусуси он, ки ҳангоми баррасии нави парванда кадом ҳалнома бояд қабул гардад пешакӣ ҳал намояд.
Моддаи 359. Тартиби баррасии шикоят ва эътирози кассатсионӣ, ки ба суди марҳилаи кассатсионӣ баъди баррасии парванда ворид гардидааст
1. Агар шикоят ва эътирози кассатсионие, ки дар мӯҳлати муқарраргардида ё баъди барқарор намудани мӯҳлати гузаронидашуда ирсол гардидааст, ба суди марҳилаи кассатсионӣ баъди баррасии парванда оид ба дигар шикоят ва эътироз ворид шуда бошад, суд ӯҳдадор аст чунин шикоят ва эътирози кассатсиониро ба мурофиаи худ қабул кунад.
2. Суди марҳилаи кассатсионӣ, агар дар натиҷаи мутобиқи қисми 1 ҳамин модда баррасӣ намудани шикоят ва эътирози кассатсионӣ ба хулосае ояд, ки қарори суди марҳилаи кассатсионии қаблан кабулшуда ғайриқонунӣ ё беасос мебошад, онро бекор мекунад ва қарори нави марҳилаи кассатсионӣ қабул мекунад.
Моддаи 360. Ҳуқуқи шикоят ва эътироз кардани таъиноти суди марҳилаи якум
1. Дар ҳолатҳои зерин аз ҷониби тарафҳо ва дигар шахсони иштирокчии парванда оид ба таъиноти суди марҳилаи якум ба суди марҳилаи кассатсионӣ аз ҳалнома ҷудо мумкин аст, шикояти хусусӣ ва прокурор эътироз пешниҳод карда шавад:
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс;
- ҳангоме, ки агар таъинот имконпазирии мурофиаи минбаъдаи парвандаро истисно намояд.
2. Нисбат ба дигар таъиноти суди марҳилаи якум шикояти хусусӣ ва эътироз пешниҳод карда намешавад, аммо норозигӣ нисбат ба онҳо метавонад ба шикоят ва эътирози кассатсионӣ дохил карда шавад.
Моддаи 361. Мӯҳлати пешниҳоди шикояти хусусӣ ва эътироз
Шикояти хусусӣ ва эътироз мумкин аст дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи ба шахсони иштирокчии парванда супоридани нусхаи таъиноти суди марҳилаи якум пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1167).
Моддаи 362. Тартиби пешниҳод ва баррасии шикояти хусусӣ ва эътироз
1. Пешниҳоди шикояти хусусӣ ва эътироз ва баррасии он аз ҷониби суди марҳилаи кассатсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин боб анҷом дода мешавад.
2. Ҳангоми ба суди марҳилаи кассатсионӣ ворид гардидани шикояти кассатсионӣ ё эътирози кассатсионӣ ва ё эътирозу шикоятҳои хусусӣ, оид ба як санади судӣ, онҳо якҷоя баррасӣ карда шуда, як қарор қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
Моддаи 363. Ҳуқуқи суди марҳилаи кассатсионӣ ҳангоми баррасии шикояти хусусӣ ва эътироз
Суди марҳилаи кассатсионӣ шикояти хусусӣ ва эътирозро баррасӣ намуда, ҳуқуқ дорад:
- таъиноти суди марҳилаи якумро бетағйир монад, шикоят ва эътирозро қонеъ нагардонад;
- таъинотро бекор кунад ва масъаларо барои баррасии нав ба суди марҳилаи якум супорад;
- таъинотро пурра ё қисман бекор кунад ва масъаларо моҳиятан ҳал намояд.
Моддаи 364. Эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суди марҳилаи кассатсионӣ, ки мутобиқи шикояти хусусӣ ва эътироз қабул карда шудааст
Қарори суди марҳилаи кассатсионӣ, ки мутобиқи шикояти хусусӣ ва эътироз қабул карда шудааст, аз рӯзи қабул кардани он эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
ФАСЛИ IV АЗ НАВ БАРРАСӢ НАМУДАНИ САНАДҲОИ СУДИИ ЭЪТИБОРИ ҚОНУНӢ ПАЙДОКАРДА
БОБИ 40. МУРОФИА ДАР СУДИ МАРҲИЛАИ НАЗОРАТӢ
Моддаи 365. Ҳуқуқи муроҷиат ба суди марҳилаи назоратӣ
1. Нисбат ба санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокарда, ба истиснои қарорҳои Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба суди марҳилаи назоратӣ аз ҷониби шахсони иштирокчии парванда ва дигар шахсон, ки агар ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо бо санадҳои судии қабулкардаи суд вайрон гардида бошад, мумкин аст бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин боб шикояти назоратӣ ва прокурор дар доираи ваколатҳои худ эътирози назоратӣ пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1898).
2. Нисбат ба санадҳои судӣ ба суди марҳилаи назоратӣ дар мӯҳлати як сол аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо мумкин аст шикоят ва эътирози назоратӣ пешниҳод гардад.
3. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ нисбат ба санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокардаи ҳамаи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои қарорҳои Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эътирози назоратӣ пешниҳод менамоянд. Прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо нисбат ба санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, ба истиснои қарорҳои раёсатҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, мувофиқан ба марҳилаи назоратии ин судҳо эътирози назоратӣ пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1898).
4. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ, прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо метавонад парвандаро, ки санади судии аз рӯи он қабулшуда эътибори қонунӣ пайдо кардааст, бо мақсади баррасӣ намудани масъала оид ба пешниҳоди эътирози назоратӣ аз суди дахлдор талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1898).
Моддаи 366. Тартиби пешниҳод намудани шикоят ё эътирози назоратӣ
1. Шикоят ё эътирози назоратӣ бевосита ба суди марҳилаи назоратӣ пешниҳод карда мешавад.
2. Шикоят ё эътирози назоратӣ ба санадҳои судии зерин пешниҳод мегардад:
- оид ба қарори кассатсионии суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе, оид ба фармон, ҳалнома ва таъиноти эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои шаҳр ва ноҳия мутаносибан ба Раёсати суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе;
- оид ба ҳалнома ва ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, оид ба ҳалнома ва ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдокардаи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва суди шаҳри Душанбе, ки ба сифати суди марҳилаи якум қабул кардаанд, агар ин ҳалнома ё таъинот дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии кассатсионӣ қарор нагирифта бошад, оид ба қарори Раёсати суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва суди шаҳри Душанбе, оид ба ҳалнома ва ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдокардаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар онҳо ба тариқи кассатсионӣ мавриди баррасӣ қарор нагирифта бошанд мутаносибан ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маданӣ ва коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 582, аз 03.01.2024 № 2022);
- оид ба ҳалнома ва таъиноти эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои ҳарбии гарнизонҳо - ба коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- оид ба қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои мадании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қарори коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 582, аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 367. Мӯҳтавои шикоят ё эътирози назоратӣ
1. Шикоят ё эътирози назоратӣ бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:
- номи суде, ки ба он шикоят ё эътирози назоратӣ ирсол мегардад;
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки шикоят ё эътирози назоратӣ пешниҳод кардааст, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавӣ ва мавқеи мурофиавии ӯ дар парванда (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- насаб, ном ва номи падари дигар шахсони иштирокчии парванда, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии онҳо (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- зикри судҳое, ки парвандаро ба сифати суди марҳилаи якум ё марҳилаи кассатсионӣ ё назоратӣ баррасӣ намудаанд ва мӯҳтавои санадҳои судии қабулнамудаи онҳо;
- зикри санади судӣ, ки таҳти шикоят ё эътирози назоратӣ қарор гирифтаанд;
- ишора ба вайрон кардани қонун аз ҷониби судҳо;
- зикри қаблан боздошт гардидани иҷрои санади судӣ (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1855);
- хоҳиши шахсе, ки шикоят ё эътироз пешниҳод кардааст.
2. Агар шикоят ё эътирози назоратӣ қаблан ба марҳилаи назоратӣ пешниҳод шуда бошад, дар он бояд ба қарори қабулнамудаи суд ишора гардад.
3. Шикояти назоратиро бояд шахси пешниҳоднамуда ё намояндаи ӯ имзо кунад. Ба шикояти назоратие, ки намоянда пешниҳод кардааст, ваколатнома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати намоянда замима мегардад. Эътирози назоратӣ бояд аз ҷониби прокуроре, ки эътироз овардааст, имзо карда шавад.
4. Шикоят ё эътирози назоратӣ бо нусхаҳо мутаносибан ба теъдоди шахсони иштирокчии парванда пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1898).
5. Шикоят ё эътирози назоратӣ метавонад дар шакли электронӣ бо имзои электронии рақамии тасдиқшуда тавассути ҷойгир намудани он дар сомонаи суд пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
Моддаи 368. Амали суди марҳилаи назоратӣ баъди пешниҳод намудани шикоят ё эътирози назоратӣ
1. Шикоят ё эътирози назоратӣ, ба истиснои эътирози назоратии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи тобеияти судии муайяннамудаи моддаи 366 ҳамин Кодекс пешниҳод шудааст, бо супориши раиси суди дахлдор ё муовини ӯ ба баррасии судяи ҳамин суд супорида мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1898).
2. Эътирози назоратии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокарда бевосита аз ҷониби суди марҳилаҳои назоратии дахлдор ба тариқи дастҷамъона баррасӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1898).
Моддаи 369. Бе баррасӣ баргардонидани шикоят ё эътирози назоратӣ
Шикоят ё эътирози назоратӣ аз ҷониби судя дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи воридшавӣ ба суди марҳилаи назоратӣ бе баррасӣ дар ҳолатҳои зерин баргардонида мешавад, агар:
- шикоят ё эътироз ҷавобгӯи талаботи пешбининамудаи моддаи 367 ҳамин Кодекс набошад;
- шикоят ё эътирозро шахсе пешниҳод карда бошад, ки барои муроҷиат ба суди марҳилаи назоратӣ ҳуқуқ надорад;
- мӯҳлати пешниҳоди шикоят ё эътироз нисбат ба санадҳои судӣ бо тартиби назоратӣ гузаронида шуда бошад;
- то қабули шикоят ё эътироз ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудани он дар хусуси баргардонидан ё бозхонди онҳо дархост ворид шуда бошад;
- шикоят ё эътироз бо вайрон кардани қоидаҳои тартиби муқаррарнамудаи моддаи 366 ҳамин Кодекс пешниҳод шуда бошад.
Моддаи 370. Талаб карда гирифтани парванда дар асоси шикоят ё эътирози назоратӣ
1. Дар ҳолати мавҷуд набудани асосҳои пешбининамудаи моддаи 369 ҳамин Кодекс судяи суди марҳилаи назоратӣ шикоят ё эътирозро қабул намуда, оид ба талаб карда гирифтани парванда аз суди дахлдор таъинот қабул мекунад.
2. Ҳангоми талаб карда гирифтани парванда судя ҳуқуқ дорад иҷрои санади судиро то хотимаи мурофиа дар суди марҳилаи назоратӣ боздорад, агар дар шикоят ё эътирози пешниҳодшуда ё дар дигар дархост чунин хоҳиш зикр гардида бошад.
3. Боздошти иҷрои санади судӣ дар марҳилаҳои назоратии судӣ ба судяҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва раисони ин судҳо, судяи Суди Олӣ, муовинони Раиси Суди Олӣ, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на бештар аз як маротиба иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1855).
Моддаи 371. Баррасии парвандаҳое, ки ба суди марҳилаи назоратӣ талаб карда гирифта шудаанд
1. Парвандаи талаб карда гирифтаро судяи суди марҳилаи назоратӣ, ба истиснои судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мӯҳлати на бештар аз як моҳ, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, дар мӯҳлати на бештар аз ду моҳ баррасӣ менамояд. Чунин мӯҳлатро раиси суд ё муовини ӯ метавонад мутаносибан то як моҳи дигар дароз намояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
2. Оид ба натиҷаи баррасии парванда, ки ба суди марҳилаи назоратӣ талаб карда гирифта шудааст, судя таъиноти зерин қабул мекунад:
- оид ба рад намудани ирсоли парванда ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудани он ба суди марҳилаи назоратӣ;
- оид ба ирсол намудани парванда ба суди марҳилаи назоратӣ барои моҳиятан баррасӣ намудани шикоят ё эътирози назоратӣ.
3. Парвандае, ки ба баррасии суди марҳилаи назоратӣ супурда шудааст, дар мӯҳлати на дертар аз ду моҳ баррасӣ мегардад.
Моддаи 372. Таъинот оид ба рад намудани ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудани он дар суди марҳилаи назоратӣ
1. Таъинот оид ба рад намудани ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудани он дар суди марҳилаи назоратӣ бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:
- сана ва маҳалли қабул кардани таъинот;
- номи суд, насаб, ном ва номи падари судяе, ки таъинотро қабул кардааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки шикоят ё эътирози назоратиро пешниҳод намудааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- ишора ба санадҳои судӣ, ки мавриди шикоят ва эътироз қарор гирифтааст;
- асосҳои рад намудани ирсоли парванда ба суди марҳилаи назоратӣ барои моҳиятан баррасӣ намудани он.
2. Раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони судҳои вилоятӣ, раиси суди шаҳри Душанбе, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ ҳуқуқ доранд бо таъиноти судя ҷиҳати рад намудани ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудани он дар суди марҳилаи назоратӣ розӣ нашаванд. Дар ин ҳолат раиси суди дахлдор ё муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди марҳилаи назоратӣ таъинот қабул мекунад (Қонуни ҶТ аз  2.01.2018 № 1474).
Моддаи 373. Таъинот оид ба ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди марҳилаи назоратӣ
1. Таъинот оид ба ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди марҳилаи назоратӣ бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:
- сана ва маҳалли қабул намудани таъинот;
- насаб, ном ва номи падари судяе, ки таъинот қабул кардааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- номи суди марҳилаи назоратие, ки парванда ба он ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ирсол мегардад;
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки шикоят ё эътирози назоратиро пешниҳод кардааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- ишора ба ҳалномаҳое, ки мавриди шикоят ва эътироз қарор гирифтаанд;
- зикри мӯҳтавои парванда, ки нисбат ба он қарорҳои суд қабул карда шудаанд;
- зикри далелнокии асосҳо ҷиҳати ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудани он;
- пешниҳоди судяе, ки таъинот қабул кардааст.
2. Судя якҷоя бо таъиноти қабулкарда ва маводи парванда ба суди марҳилаи назоратӣ шикоят ё эътирози назоратиро ирсол менамояд.
Моддаи 374. Огоҳ намудани шахсони иштирокчии парванда оид ба ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди марҳилаи назоратӣ
1. Суди марҳилаи назоратӣ ба шахсони иштирокчии парванда нусхаи таъинотро оид ба ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди марҳилаи назоратӣ ва нусхаи шикоят ё эътирози назоратиро мефиристонад. Вақти баррасии парвандаро суд бо дарназардошти имконияти ба маҷлиси судӣ ҳозир шудани ҳамаи шахсони иштирокчии парванда муайян мекунад.
2. Шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли баррасии парванда огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои баррасии парванда монеа намегардад.
Моддаи 375. Тартиби баррасии парванда дар суди марҳилаи назоратӣ
1. Суди марҳилаи назоратӣ парвандаҳоро дар маҷлиси судӣ баррасӣ менамояд. Дар маҷлиси судӣ шахсони иштирокчии парванда, намояндагони онҳо ва дигар шахсон, ки шикоят ё эътирози назоратиро пешниҳод кардаанд, агар ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо бо санадҳои қабулкардаи суд вайрон гардида бошад, иштирок менамоянд.
Агар прокурор ҳамчун шахси иштирокчии парванда бошад ва инчунин аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби назоратӣ эътироз пешниҳод гардида бошад, дар маҷлиси судӣ иштирок мекунанд:
- Прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурорҳои вилоят, прокурори шаҳри Душанбе ва ё муовинони онҳо - мутаносибан дар Раёсати суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе;
- Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - дар Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - дар коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои мадании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 582, аз 03.01.2024 № 2022).
2. Оид ба парвандае, ки бо тартиби назоратӣ дар раёсати суди дахлдор баррасӣ мегардад, раиси суд ё муовини ӯ ё мутобиқи супориши онҳо дигар аъзои раёсат ё дигар судяе, ки қаблан дар баррасии парванда дар ҳамин суд иштирок накардааст, маърӯза менамояд. Дар коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои мадании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси парванда яке аз судяҳои коллегия маърӯза менамояд (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 582, аз 03.01.2024 № 2022).
3. Маърӯзачӣ ҳолатҳои парванда, мӯҳтавои санадҳои судии вобаста ба парванда қабулгардида, асосҳои шикоят ё эътирози назоратӣ ва таъинот оид ба оғоз намудани мурофиаи назоратиро баён мекунад. Судяҳо метавонанд ба маърӯзачӣ савол диҳанд.
4. Шахсони дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида, агар онҳо ба маҷлиси судӣ ҳозир шуда бошанд, ҳуқуқ доранд оид ба парванда баёнот диҳанд. Аввалин шуда шахсе баёнот медиҳад, ки шикоят ё эътирози назоратиро пешниҳод кардааст.
5. Ҳангоми баррасии парванда бо тартиби назоратӣ ҳамаи масъалаҳо бо овоздиҳии ошкоро ва бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо қабул карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
6. Дар хусуси аз ҷониби суди марҳилаи назоратӣ қабул кардани қарор ба шахсони иштирокчии парванда иттилоъ дода мешавад.
7. Шахсони иштирокчии парванда метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 334 хамин Кодекс аз шикоят ё эътирози худ даст кашанд ва ё онро бозхонд намоянд.
Моддаи 376. Асосҳо барои бекор кардан ё тағйир додани санадҳои судӣ бо тартиби назоратӣ
Асосҳо барои бо тартиби назоратӣ бекор кардан ё тағйир додани санадҳои судӣ ба таври ҷиддӣ вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқҳои моддӣ ва мурофиавӣ мебошад.
Моддаи 377. Қарори суди марҳилаи назоратӣ
1. Оид ба натиҷаҳои баррасии парванда бо тартиби назоратӣ суди марҳилаи назоратӣ карори асоснок мебарорад, ки бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:
- ном ва ҳайати суде, ки қарор қабул кардааст;
- сана ва маҳалли қабул кардани қарор;
- парвандае, ки нисбат ба он қарор қабул карда шудааст;
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки бо тартиби назоратӣ ҷиҳати аз нав баррасӣ намудани парванда шикоят ё эътирози назоратиро пешниҳод кардааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- насаб, ном ва номи падари судяе, ки оид ба ирсоли парванда ба суди марҳилаи назоратӣ ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудани он таъинот қабул кардааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- мӯҳтавои санадҳои судии таҳти шикоят ё эътирози қарордоштаи судҳои поёнӣ;
- қонуне, ки дар асоси он вобаста ба натиҷаҳои моҳиятан баррасӣ намудани парванда қарор қабул карда шудааст.
2. Қарори раёсати суди дахлдорро раиси он, қарори коллегияи судиро судяҳое, ки парвандаро бо тартиби назоратӣ баррасӣ намудаанд, имзо мекунанд.
Моддаи 378. Бо эътирози Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав дида баромадани санадҳои судӣ бо тартиби назоратӣ
Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ягонагии таҷрибаи судӣ ва қонуният ҳуқуқ дорад ба Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз нав дида баромадани санадҳои судӣ бо тартиби назоратӣ эътирози асоснок ирсол намояд.
Моддаи 379. Ваколати суди марҳилаи назоратӣ
1. Суди марҳилаи назоратӣ ҳангоми баррасии парванда ҳуқуқ дорад:
- санади судии марҳилаи якум, кассатсионӣ ва ё назоратиро бетағйир монад, шикоят ё эътирози назоратиро дар бораи аз нав баррасӣ намудани парванда бо тартиби назоратӣ рад намояд;
- санади суди марҳилаи якум, кассатсионӣ ва ё назоратиро пурра ё қисман бекор кунад ва парвандаро барои баррасии нав ирсол намояд;
- санади суди марҳилаи якум, кассатсионӣ ва ё назоратиро пурра ё қисман бекор кунад ё аризаро бе баррасӣ монад ё мурофиаи парвандаро қатъ кунад;
- эътибори қонунии яке аз санадҳои судии оид ба парванда қабулшударо эътироф кунад;
- санади суди марҳилаи якум, кассатсионӣ ва ё назоратиро бекор кунад ё тағйир диҳад ва агар ҳангоми татбиқ ё маънидодкунии меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ба иштибоҳ роҳ дода шуда бошад, парвандаро барои баррасии нав насупорида, ҳалномаи нав қабул кунад.
2. Дар сурати ду маротиба бекор карда шудани ҳалномаҳо ва қарорҳои судӣ вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро ба баррасии ҳамин суд ба сифати суди марҳилаи якум ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
Моддаи 380. Эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суди марҳилаи назоратӣ
Қарори суди марҳилаи назоратӣ аз рӯзи қабул намудани он эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
БОБИ 41. ВОБАСТА БА ҲОЛАТҲОИ НАВ ОШКОРГАРДИДА АЗ НАВ БАРРАСӢ НАМУДАНИ ҲАЛНОМА Ё ТАЪИНОТИ ЭЪТИБОРИ ҚОНУНӢ ПАЙДОНАМУДА
Моддаи 381. Вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамуда
1. Ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамударо вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудан мумкин аст.
2. Асосҳои аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида инҳо мебошанд:
- ҳолатҳои барои парванда ҷиддие, ки барои аризадиҳанда маълум набуданд ва маълум буда наметавонистанд;
- нишондоди баръало бардурӯғи шоҳид, хулосаи баръало бардурӯғи коршиноси судӣ, тарҷумаи баръало бардурӯғи тарҷумон, сохтакории далелҳо, ки боиси баровардани ҳалнома ё таъиноти ғайриқонунӣ ё беасос гардидааст ва мутобиқи ҳукми ба қувваи қонунӣ даромадаи суд муайян карда шудааст;
- ҷинояти тарафҳо, дигар шахсони иштирокчии парванда ё намояндагони онҳо ё судяҳо, ки ҳангоми баррасӣ ва ҳалли ҳамин парванда содир гардидааст ва мутобиқи ҳукми ба қувваи қонунӣ даромадаи суд муайян карда шудааст;
- бекор кардани ҳалнома, ҳукм ё таъинот ё қарори дигар мақомоти давлатӣ ё мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ки боиси баровардани ҳамин ҳалнома ё таъинот гардидааст.
Моддаи 382. Судҳое, ки ҳалнома ё таъинотро вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргадида аз нав баррасӣ менамоянд
Ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамудаи суди марҳилаи якум вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардидаро суде, ки ин ҳалнома ё таъинотро баровардааст, аз нав баррасӣ менамояд. Аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти марҳилаи кассатсионӣ ё назоратиро вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргадида, ки дар асоси онҳо ҳалномаи суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё ҳалномаи нав қабул шудааст, суде анҷом медиҳад, ки ҳалномаро тағйир додааст ё ҳалномаи нав баровардааст.
Моддаи 383. Пешниҳоди ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида
Ариза дар бораи аз нав дида баромадани ҳалнома, таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз ҷониби тарафҳо, прокурор, дигар шахсони иштирокчии парванда ба суде пешниҳод мегардад, ки ин ҳалнома ё таъинотро баровардааст. Чунин ариза метавонад дар мӯҳлати се моҳ аз рӯзи муқарраргардидаи асосҳо барои аз нав дида баромадани ҳалнома ё таъинот пешниҳод шавад. Ариза дар бораи аз нав дида баромадани санади судии эътибори қонунӣ пайдокарда аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида метавонад дар шакли электронӣ бо имзои электронии рақамии тасдиқшуда тавассути ҷойгир намудани он дар сомонаи суд пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
Моддаи 384. Баҳисобгирии мӯҳлати пешниҳоди ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида
Мӯҳлати пешниҳоди ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида чунин мебошад:
- мутобиқи сархати якуми қисми 2 моддаи 381 ҳамин Кодекс - аз рӯзи муайян гардидани ҳолатҳои барои парванда ҷиддӣ;
- мутобиқи сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 2 моддаи 381 ҳамин Кодекс - аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм оид ба парвандаи ҷиноятӣ;
- мутобиқи сархати чоруми қисми 2 моддаи 381 ҳамин Кодекс - аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома, ҳукм ё таъинот, ки ҳалнома, ҳукм ё таъиноти қаблан баровардаро бекор мекунад ё қарори мақомоти давлатӣ ё мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ки ҳалнома ё таъиноти аз нав баррасишаванда ба он асос ёфтааст ё аз рӯзи қабули қарори нав аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ки ҳалнома ё таъиноти аз нав баррасишавандаи суд ба онҳо асос ёфтааст.
Моддаи 385. Баррасии ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида
Суд аризаро дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида дар маҷлиси судӣ баррасӣ менамояд. Тарафҳо, прокурор, дигар шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои баррасии ариза монеа намегардад.
Моддаи 386. Таъинот дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида
1. Суд аризаро дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида баррасӣ намуда ё аризаи пешниҳодгардидаро қонеъ мегардонад ё ҳалнома ё таъинотро бекор мекунад ё аз нав баррасӣ намудани онҳоро рад менамояд.
2. Оид ба таъинот дар хусуси қонеъ гардонидани ариза ҷиҳати аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида пешниҳоди шикоят манъ аст.
3. Ҳангоми бекор кардани ҳалнома ё таъинот парванда тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс баррасӣ карда мешавад.
ФАСЛИ V ИСТЕҲСОЛОТИ ПАРВАНДА БО ИШТИРОКИ ШАХСОНИ ХОРИҶӢ
БОБИ 42. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 387. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мурофиавии шахсони хориҷӣ
1. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ (минбаъд - шахсони хориҷӣ) метавонанд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои вайроншуда ё баҳсталаб, озодӣ ва манфиатҳои қонуниашон ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
2. Шахсони хориҷӣ аз ҳуқуқҳои мурофиавӣ истифода мебаранд ва ӯҳдадориҳои мурофиавиро баробари шаҳрвандон ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунанд.
3. Баррасии судии парвандаҳо, ки дар онҳо шахсони хориҷӣ иштирок менамоянд, дар асоси ҳамин Кодекс, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва ҳамчунин дар асоси созишномаи тарафҳо анҷом дода мешавад.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад нисбат ба шахсони хориҷии давлатҳое, ки нисбат ба шаҳрвандон ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудиятҳои ҳуқуқи мурофиавӣ муқаррар кардаанд, чунин маҳдудиятҳои ҷавобиро муқаррар намояд.
Моддаи 388. Қобилияти ҳуқуқдорӣ ва қобилияти амалкунии мурофиавии мадании шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Қобилияти ҳуқуқдорӣ ва қобилияти амалкунии мурофиавии мадании шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд мутобиқи қонуни шахсии онҳо муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Қонуни шахсии шаҳрванди хориҷӣ ҳуқуқи давлате ба ҳисоб меравад, ки ӯ шаҳрванди он мебошад. Агар шаҳрванд ҳамзамон бо доштани шаҳрвандии давлати хориҷӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, қонуни шахсии ӯ қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Агар шаҳрванд шаҳрванди якчанд давлати хориҷӣ бошад, қонуни шахсии ӯ қонуни давлате ба ҳисоб меравад, ки шаҳрванд дар он маҳалли истиқомат дорад.
3. Агар шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли истиқомат дошта бошад, қонуни шахсии ӯ қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
4. Қонуни шахсии шахси бешаҳрванд қонуни давлате ба ҳисоб меравад, ки ӯ дар он ҷо маҳалли истиқомат дорад.
5. Шахсе, ки мутобиқи қонуни шахсии худ қобилияти амалкунии мурофиавӣ надорад, метавонад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои қобилияти амалкунии мурофиавӣ эътироф гардад, агар мутобиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ қобилияти амалкунии мурофиавӣ дошта бошад.
Моддаи 389. Қобилияти ҳуқуқдории мурофиавии мадании ташкилоти хориҷӣ ва ташкилоти байналмилалӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Қонуни шахсии ташкилоти хориҷӣ ҳуқуқи кишваре ба ҳисоб меравад, ки дар он ҳамин ташкилот таъсис ёфтааст. Дар асоси қонуни шахсии ташкилоти хориҷӣ қобилияти ҳуқуқдории мурофиавии мадании он муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Ташкилоти хориҷие, ки мутобиқи қонуни шахсӣ дорои қобилияти ҳуқуқдории мурофиавии маданӣ намебошад, метавонад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои қобилияти ҳуқуқи мурофиавии маданӣ эътироф гардад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1474, аз 03.01.2024 № 2022).
3. Қобилияти ҳуқуқдории мурофиавии мадании ташкилоти байналмилалӣ дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ, ки мутобиқи онҳо ҳамин ташкилот таъсис ёфтааст, ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ё созишномаҳо бо мақомоти салоҳиятдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 390. Даъвоҳо нисбат ба давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ. Масунияти дипломатӣ
1. Пешниҳоди даъво ба суди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба давлатҳои хориҷӣ, ҷалби давлати хориҷӣ ҷиҳати иштирок дар парванда ба сифати ҷавобгар ё шахси сеюм, ба ҳабс гирифтани молу мулки марбут ба ин давлати хориҷӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва нисбат ба ин молу мулк андешидани дигар тадбирҳои таъмини даъво, ситонидан аз ин молу мулк бо тартиби иҷрои ҳалнома, агар дар қонунҳо ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, танҳо бо мувофиқаи мақомоти салоҳиятдори давлати дахлдор иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1474).
2. Ташкилотҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба парвандаҳо дар доираи муайяннамудаи қонунҳо ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мавриди юрисдиксияи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
3. Намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, дигар шахсони дар қонун ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикргардида вобаста ба парвандаҳои маданӣ дар доираи муқаррарнамудаи меъёри ҳуқуқии байналмилалӣ ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мавриди юрисдиксияи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
БОБИ 43. ТОБЕИЯТИ СУДИИ ПАРВАНДАҲО БО ИШТИРОКИ ШАХСОНИ ХОРИҶӢ ДАР СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 391. Татбиқи қоидаҳои тобеияти судӣ
1. Агар қоидаҳои ҳамин боб тартиби дигаре муқаррар накарда бошанд, тобеияти парвандаҳо бо иштироки шахсони хориҷӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қоидаҳои боби 3 ҳамин Кодекс муайян карда мешаванд.
2. Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳоро бо иштироки шахсони хориҷӣ ҳангоме баррасӣ менамоянд, ки агар ташкилоти ҷавобгар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шуда бошад ё шаҳрванди хориҷии ҷавобгар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли истиқомат дошта бошад.
3. Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд инчунин парвандаҳоро бо иштироки шахсони хориҷӣ дар ҳолатҳои зерин баррасӣ кунанд, агар:
- мақомоти идоракунанда, филиал ё намояндагии шахси хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шуда бошад;
- ҷавобгар дорои молу мулке бошад, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст;
- вобаста ба парвандаҳо оид ба ситонидани алимент ва муқаррар намудани падарӣ даъвогар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли истиқомат дошта бошад;
- вобаста ба парвандаҳо оид ба ҷуброни зараре, ки тавассути осеб ё бо тарзи дигар ба саломатӣ расонида шудааст ё боиси фавти саробон гардидааст, агар зарар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуда бошад ё даъвогар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли истиқомат дошта бошад;
- вобаста ба парвандаҳо оид ба ҷуброни зарари ба молу мулк расонидашуда, амал ё дигар ҳолате, ки барои пешниҳоди талабот ҷиҳати ҷуброни зарар асос гардидааст, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро шуда бошад;
- даъво аз шартномае ба миён ояд, ки пурра ё қисман иҷро намудани шартнома дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шудааст ё бояд анҷом дода шавад;
- даъво аз дорошавии беасос ба миён ояд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рух додааст;
- даъвогар вобаста ба парвандаҳо дар бораи бекор кардани ақди никоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли истиқомат дошта бошад ё яке аз ҳамсарон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;
- даъвогар вобаста ба парвандаҳо дар бораи ҳифзи шаъну эътибори корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли истиқомат дошта бошад.
Моддаи 392. Тобеияти истисноии судии парвандаҳо бо иштироки шахсони хориҷӣ
1. Ба тобеияти истисноии судӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои зерин марбут мебошанд:
- парвандаҳо дар бораи ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад;
- парвандаҳо дар бораи баҳсҳое, ки аз шартномаи боркашонӣ бармеоянд, агар боркашонҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта бошанд;
- парвандаҳо дар бораи бекор кардани никоҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд, агар ҳамсарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли истиқомат дошта бошанд;
- парвандаҳои пешбининамудаи бобҳои 23-26 ҳамин Кодекс.
2. Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои мурофиаи махсусро дар ҳолатҳои зайл баррасӣ менамоянд, агар:
- аризадиҳанда вобаста ба парванда дар бораи муқаррар намудани ҳолати дорои аҳамияти ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли истиқомат дошта бошад ё ҳолате, ки бояд муайян гардад, дар худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд буд ё мавҷуд бошад;
- шаҳрванде, ки нисбат ба ӯ дар бораи фарзандхондӣ, дар бораи ғайри қобили амал эътироф намудан ё маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ, дар бораи дорои қобилияти пурраи амал эълон намудани ноболиғ (эмансипатсия), дар бораи бистарикунонии маҷбурӣ дар беморхонаҳои равонпизишкӣ, дар бораи тамдиди мӯҳлати бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд, ки мубталои бемории рӯҳӣ мебошад, дар бораи муоинаи маҷбурии равонпизишкӣ ариза пешниҳод шудааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли истиқомат дошта бошад (Қонуни ҶТ аз 03.01. 2024 № 2022);
- шахс ё шаҳрванде, ки нисбат ба ӯ оид ба бедарак ғоибшуда эътироф намудан ё вафоткарда эълон карданаш ариза пешниҳод шудааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли охирини маълуми истиқомат дошта бошад ва ҳамзамон ҳалли ин масъала ба барқарор намудани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли истиқомат доранд ё ташкилотҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд, вобаста бошад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
- дар бораи бесоҳиб эътироф намудани молу мулке, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ё дар хусуси эътирофи ҳуқуқи моликияти коммуналӣ ба молу мулки бесоҳиби ғайриманқул, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ариза пешниҳод шуда бошад;
- дар хусуси беэътибор донистани коғазҳои гумшудаи қиматнок ба пешниҳодкунанда ё коғази қиматноки ордерии аз ҷониби шаҳрванд ё ба шаҳрванд додашуда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли истиқомат дорад ё аз ҷониби ташкилот ё ба ташкилот додашуда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст, инчунин дар хусуси барқарор намудани ҳуқуқ ба онҳо (мурофиаи даъватӣ) ариза пешниҳод шуда бошад.
Моддаи 393. Тобеияти судии шартномавии парвандаҳо бо иштироки шахсони хориҷӣ
1. Вобаста ба парванда бо иштироки шахси хориҷӣ тарафҳо ҳуқуқ доранд дар бораи тағйир додани тобеияти судии парванда то ба мурофиаи худ қабул кардани суд ба мувофиқа расанд.
2. Тобеияти судии парвандаҳо бо иштироки шахсони хориҷӣ, ки моддаҳои 26, 27, 29 ва 394 ҳамин Кодекс муқаррар намудаанд, наметавонад тибқи созишномаи тарафҳо тағйир дода шавад.
Моддаи 394. Тағйирнопазирии маҳалли баррасии парванда
Парвандае, ки суди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи тобеияти судӣ ба мурофиа қабул кардааст, моҳиятан ҳал карда мешавад, ҳатто агар вобаста ба тағйирёбии шаҳрвандӣ, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии тарафҳо ё дигар ҳолатҳо он таҳти тобеияти судии дигар давлат қарор гирифта бошад.
Моддаи 395. Оқибатҳои мурофиавии баррасии парванда аз ҷониби суди давлати хориҷӣ
1. Суди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули аризаи даъвогиро барои мурофиа рад мекунад ё баррасии парвандаро қатъ менамояд, агар ҳалнома доир ба баҳси байни ҳамон шахсон, оид ба ҳамон мавзӯъ ва тибқи ҳамон асосҳо аз ҷониби суди давлати хориҷие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он шартномаи байналмилалӣ бастааст ва он эътирофи мутақобила ва иҷрои ҳалномаҳоро пешбинӣ менамояд, қабул карда шуда бошад.
2. Суди Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаро бармегардонад ё онро баррасӣ намекунад, агар дар суди давлати хориҷӣ, ки қарори он бояд эътироф ё дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шавад, қаблан доир ба баҳси байни ҳамон шахсон, оид ба ҳамон мавзӯъ ва тибқи ҳамон асосҳо парванда оғоз гардида бошад.
Моддаи 396. Супоришҳои судӣ
1. Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои судҳои давлатҳои хориҷиро дар бораи иҷрои амалҳои ҷудогонаи мурофиавӣ (супоридани хабарнома ва дигар ҳуҷҷатҳо, гирифтани баёноти тарафҳо, нишондоди шоҳидон, хулосаи коршиносони судӣ, азназаргузаронӣ дар маҳал ва ғайра), ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дода шудаанд, иҷро мекунанд.
2. Супориши суди давлати хориҷӣ оид ба иҷрои амалҳои алоҳидаи мурофиавӣ иҷро карда намешавад, агар:
- иҷрои супориш ба истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар оварад ё ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид намояд;
- иҷрои супориш таҳти салоҳияти суд қарор надошта бошад.
3. Иҷрои супоришҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
4. Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба судҳои давлатҳои хориҷӣ ҷиҳати анҷом додани амалҳои алоҳидаи мурофиавӣ бо супориш муроҷиат кунанд. Тартиби робитаи судҳо бо судҳои хориҷӣ мутобиқи қонун ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 397. Эътирофи ҳуҷҷатҳое, ки мақомоти давлатҳои хориҷӣ додаанд, таҳия ё тасдиқ намудаанд
1. Ҳуҷҷатҳое, ки мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ тибқи шакли муқарраргардида ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунҳои давлати хориҷӣ ба шаҳрвандон ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони хориҷӣ додаанд, таҳия ё тасдиқ намудаанд, агар дар қонунҳо ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми мавҷудияти апости ё барасмиятдарории консулӣ қабул карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1309).
2. Ҳуҷҷатҳои ба забони хориҷӣ таҳияшуда бояд ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҷума ба забони давлатӣ, ки ба тариқи нотариалӣ тасдиқ гардидааст, пешниҳод карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1309).
БОБИ 44. ЭЪТИРОФ ВА ИҶРОИ ҲАЛНОМАҲОИ СУДҲОИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ВА СУДҲОИ ҲАКАМИИ ХОРИҶӢ (АРБИТРАЖҲО)
Моддаи 398. Эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ
1. Ҳалномаҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф ва иҷро карда мешаванд, агар ин дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пешбинӣ гардида бошад.
2. Таҳти ҳалномаҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ ҳалномаҳо доир ба парвандаҳои маданӣ, ба истиснои парвандаҳо оид ба баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳои вобаста ба иҷрои фаъолияти соҳибкорӣ ё дигар фаъолияти иқтисодӣ, ҳукмҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар қисми ҷуброни зиёне, ки дар натиҷаи ҷиноят расонида шудааст, фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
3. Ҳалномаи суди давлати хориҷӣ метавонад барои иҷрои маҷбурӣ дар давоми се соли эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суди давлати хориҷӣ пешниҳод карда шавад. Мӯҳлати бо сабабҳои узрнок гузаронидашударо суди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо тартиби пешбининамудаи моддаи 114 ҳамин Кодекс барқарор намояд.
Моддаи 399. Дархост дар бораи иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ
Дархости ситонандаро дар бораи иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе вобаста ба маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии қарздор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва агар қарздор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавӣ надошта бошад ё маҳалли ҷойгиршавии ӯ маълум набошад, дар маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ӯ баррасӣ менамояд.
Моддаи 400. Мӯҳтавои дархост дар бораи иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ
1. Дархост дар бораи иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:
- насаб, ном ва номи падари ситонанда, намояндаи ӯ, агар дархостро намоянда пешниҳод кунад, зикри маҳалли истиқомат ва агар ситонанда шахси ҳуқуқӣ бошад, маҳалли ҷойгиршавии он (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- насаб, ном ва номи падари қарздор ва зикри маҳалли истиқомати ӯ ва агар қарздор шахси ҳуқуқӣ бошад, маҳалли ҷойгиршавии он (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- хоҳиши ситонанда оид ба ҳалли иҷрои маҷбурии ҳалнома ё зикри он ки аз кадом вақт иҷрои он талаб карда мешавад.
2. Ба дархост ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва агар онҳо дар шартномаи байналмилалӣ пешбинӣ нашуда бошанд, ҳуҷҷатҳои зайл замима мегарданд:
- нусхаи ҳалномаи тасдиқнамудаи судҳои давлати хориҷӣ оид ба ҳалли маҷбурии иҷро, ки нисбат ба он дархост пешниҳод шудааст;
- ҳуҷҷати расмӣ дар мавриди он ки ҳалнома эътибори қонунӣ пайдо кардааст, агар ин аз матни худи ҳалнома барнаояд;
- ҳуҷҷат оид ба иҷрои ҳалнома, агар он қаблан дар ҳудуди давлати дахлдори хориҷӣ иҷро гардида бошад;
- ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи он ки тарафи ба муқобилаш ҳалнома қабулгардида ва дар мурофиа иштирокнакарда саривақт ва бо тартиби дахлдор оид ба вақт ва маҳалли баррасии парванда огоҳ карда шуда буд;
- тарҷумаи тасдиқгардидаи ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои якум, дуюм ва сеюми ҳамин қисм зикргардида ба забони давлатӣ.
3. Дархост дар бораи иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ дар маҷлиси кушоди судӣ бо огоҳонии қарздор оид ба вақт ва маҳалли баррасии дархост баррасӣ карда мешавад. Бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани қарздоре, ки суд дар хусуси ба ӯ супоридани даъват огоҳ аст, барои баррасии дархост монеа намегардад. Агар қарздор ҷиҳати ба дигар вақт гузаронидани баррасии парванда хоҳиш карда бошад ва ин хоҳишро суд узрнок эътироф карда бошад, суд баррасии парвандаро ба дигар вақт гузаронида, дар ин хусус ба қарздор хабар медиҳад.
4. Суд баёноти қарздорро шунида, далелҳои пешниҳодшударо баррасӣ намуда, дар хусуси иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ ё рад кардани он таъинот мебарорад.
5. Дар асоси ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ ва таъиноти эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи иҷрои маҷбурии ин ҳалнома варақаи иҷро дода мешавад, ки он ба суди маҳалли иҷрои ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ ирсол мегардад.
6. Агар ҳангоми ҳалли масъалаҳо ҷиҳати иҷрои маҷбурӣ суд шубҳа дошта бошад, метавонад аз шахсоне, ки барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ дархост пешниҳод намудаанд, баёнот талаб кунад, инчунин қарздорро вобаста ба моҳияти дархост пурсад ва ҳангоми зарурат тавзеҳоти судҳои давлати хориҷиро, ки ҳалнома қабул кардааст, талаб намояд.
7. Амали вобаста ба иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои давлати хориҷиро иҷрочии мақомоти иҷро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1612).
Моддаи 401. Рад намудани иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ
1. Рад намудани иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода мешавад, агар:
- ҳалнома мутобиқи қонунгузории давлате, ки дар ҳудуди он бароварда шудааст, эътибори қонунӣ пайдо накарда бошад ва бояд иҷро карда нашавад;
- тарафе, ки ба муқобили он ҳалнома бароварда шудааст, дар натиҷаи саривақт ва ба таври дахлдор насупоридани огоҳинома оид ба вақт ва маҳалли баррасии парванда аз имконияти иштирок дар мурофиа маҳрум гардида бошад;
- баррасии парванда таҳти тобеияти истисноии судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта бошад;
- ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдокардаи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баҳси байни ҳамин тарафҳо, оид ба ҳамон мавзӯъ ва тибқи ҳамон асосҳо қабулгардида мавҷуд бошад ё дар баррасии суди Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандае мавҷуд бошад, ки доир ба баҳси байни ҳамон тарафҳо, оид ба ҳамон мавзӯъ ва тибқи ҳамон асосҳо то оғоз намудани парванда дар суди давлати хориҷӣ оғоз карда шудааст;
- иҷрои ҳалнома метавонад ба истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар оварад ё ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид кунад ё хилофи тартиби оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;
- мӯҳлати пешниҳоди ҳалнома ҷиҳати иҷрои маҷбурии он гузашта бошад ва ин мӯҳлатро суди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дархости ситонанда барқарор накарда бошад.
2. Нусхаи таъинотро, ки мутобиқи қисми 4 моддаи 400 ҳамин Кодекс бароварда шудааст, суд ба ситонанда ва қарздор дар мӯҳлати се рӯзи баровардани он ирсол менамояд.
3. Нисбат ба ин таъинот бо тартиб ва мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ба суди болоӣ мумкин аст шикоят пешниҳод гардад.
Моддаи 402. Эътирофи ҳалномаи судҳои давлатҳои хориҷӣ
1. Ҳалномаи судҳои давлатҳои хориҷӣ, ки иҷрои маҷбуриро тақозо наменамояд, бе мурофиаи минбаъда эътироф карда мешавад, агар аз ҷониби шахси манфиатдор нисбат ба он норозигӣ пешниҳод нагардад.
2. Шахси манфиатдор метавонад дар мӯҳлати як моҳи баъди он ки аз ворид шудани ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ огоҳ гардидааст, ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ ё суди шаҳри Душанбе вобаста ба маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавӣ муқобили эътирофи ин ҳалнома норозигӣ пешниҳод намояд.
3. Норозигии шахси манфиатдор нисбат ба эътирофи ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ дар маҷлиси кушоди суд бо огоҳонии ҳамин шахс оид ба вақт ва маҳалли баррасии норозигӣ баррасӣ карда мешавад. Бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани шахси манфиатдор, ки суд аз супоридани даъват ба ӯ огоҳ аст, барои баррасии норозигӣ монеа намегардад. Агар шахси манфиатдор дар хусуси ба дигар вақт гузаронидани баррасӣ норозигӣ изҳор карда бошад ва ин хоҳишро суд узрнок эътироф намояд, суд баррасии парвандаро ба дигар вақт гузаронида, дар ин бора шахси манфиатдорро огоҳ месозад.
4. Баъди баррасии норозигӣ нисбат ба эътирофи ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ суд таъиноти дахлдор мебарорад.
5. Нусхаи таъинот дар мӯҳлати се рӯзи баровардани он ба шахсе, ки мутобиқи аризаи ӯ ҳалномаи суди давлати хориҷӣ қабул шудааст, намояндаи ӯ, инчунин шахсе, ки нисбат ба эътирофи ҳалнома норозигӣ пешниҳод намудааст, ирсол мегардад. Нисбат ба таъинот бо тартиб ва мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс мумкин аст ба суди болоӣ шикоят пешниҳод гардад.
Моддаи 403. Рад намудани эътирофи ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ
Рад намудани эътирофи ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ, ки бояд маҷбурӣ иҷро карда нашавад, ҳангоми мавҷудияти асосҳои пешбининамудаи сархатҳои якум-панҷуми қисми 1 моддаи 401 ҳамин Кодекс иҷозат дода мешавад.
Моддаи 404. Эътирофи ҳалномаи судҳои давлатҳои хориҷӣ, ки мурофиаи минбаъдаро тақозо намекунанд
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалномаҳои зерини судҳои давлатҳои хориҷӣ, ки мутобиқи мӯҳтавои худ мурофиаи минбаъдаро тақозо намекунанд, эътироф шудаанд:
- вобаста ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони давлате, ки суди он ҳалнома баровардааст;
- оид ба бекор кардан ё беэътибор эътироф намудани ақди никоҳ байни шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрванди хориҷӣ, агар дар лаҳзаи баррасии парванда ҳатто яке аз ҳамсарон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат дошта бошад;
- дар бораи бекор кардан ё беэътибор донистани ақди никоҳ байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар ҳарду ҳамсар дар лаҳзаи баррасии парванда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат дошта бошанд;
- дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун.
Моддаи 405. Эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои судҳои ҳакамии давлатҳои хориҷӣ (арбитражҳо)
1. Қоидаҳои моддаҳои 400-402 ҳамин Кодекс, ба истиснои қисми 2 моддаи 400, сархатҳои якум - чорум ва шашуми қисми 1 моддаи 401 ҳамин Кодекс метавонанд инчунин нисбат ба ҳалномаҳои судҳои ҳакамии давлатҳои хориҷӣ (арбитражҳо) татбиқ гарданд.
2. Тарафе, ки оид ба эътироф ё иҷрои ҳалномаи суди ҳакамии давлатҳои хориҷӣ (арбитраж) бо дархост муроҷиат кардааст, бояд асли ҳалномаи суди ҳакамии давлатҳои хориҷӣ (арбитраж) ё нусхаи ба таври дахлдор тасдиқгардида, асли ҳалномаи арбитражӣ ё нусхаи тасдиқгардидаи он, инчунин асли созишномаи арбитражӣ ё нусхаи ба таври дахлдор тасдиқгардидаи онро пешниҳод намояд. Агар ҳалнома ё созишномаи арбитражӣ ба забони хориҷӣ таҳия шуда бошад, тараф бояд тарҷумаи тасдиқгардидаи ин ҳуҷҷатҳоро ба забони давлатӣ пешниҳод кунад.
Моддаи 406. Рад намудани эътироф ва иҷрои ҳалномаи судҳои ҳакамии давлати хориҷӣ (арбитражҳо)
1. Эътироф ё иҷрои ҳалномаи суди ҳакамии давлати хориҷиро (арбитражро) дар ҳолатҳои зайл рад намудан мумкин аст:
а) дар асоси хоҳиши тарафе, ки ҳалнома муқобили он нигаронида шудааст, агар ин тараф ба суди салоҳиятдор, ки эътироф ё иҷрои онро ҳал мекунад, далелҳоеро пешниҳод кунад, ки инҳоро тасдиқ менамояд:
- яке аз тарафҳои созишномаи арбитражӣ то андозае ғайри қобили амал буд ё ин созишнома вобаста ба қонуне, ки тарафҳо истифода намуданд, беэътибор мебошад ва ҳангоми мавҷуд набудани чунин далел мутобиқи қонуни давлате, ки дар он ҳалнома қабул карда шудааст;
- тарафе, ки муқобили он ҳалнома қабул шудааст, ба таври дахлдор оид ба таъин гардидани ҳакам (арбитр) ё дар хусуси муҳокимаи ҳакамӣ (арбитражӣ) огоҳ карда нашудааст ё бо дигар сабабҳо натавонистааст далелҳоро пешниҳод кунад ё ҳалнома вобаста ба баҳсе бароварда шудааст, ки дар созишномаи ҳакамӣ (арбитражӣ) пешбинӣ нагардидааст ё таҳти шартҳои он қарор надорад ё муқаррарот оид ба масъалаҳоеро дар бар мегирад, ки аз доираи созишномаи ҳакамӣ (арбитражӣ) берун аст. Агар муқаррарот оид ба масъалаҳои фарогирифтаи созишномаи ҳакамӣ (арбитражӣ)-ро аз муқаррарот оид ба масъалаҳои фаронагирифтаи чунин созишнома ҷудо кардан имконпазир бошад, қисми ҳалнома, ки муқаррарот оид ба масъалаҳои фарогирифтаи созишномаи ҳакамӣ (арбитражӣ)-ро дар бар мегирад, метавонад эътироф ва иҷро карда шавад;
- ҳайати суди ҳакамӣ ва муҳокимаи ҳакамӣ (арбитражӣ) ба созишномаи ҳакамӣ (арбитражӣ) мутобиқат намекунад ё мавҷуд набудани он ба қонуни кишваре, ки дар он суди ҳакамии давлати хориҷӣ (арбитраж) қарор дошт, мувофиқ намебошад;
- ҳалнома ҳанӯз барои тарафҳо ҳатмӣ нагардидааст ё бекор карда шудааст ё иҷрои онро суде, ки тибқи қонуни он ҳалнома қабул гардидааст, боздошта бошад;
б) агар суд муқаррар намояд, ки баҳс наметавонад мутобиқи қонун мавзӯи муҳокимаи ҳакамӣ (арбитражӣ) бошад ё эътироф ва иҷрои ин ҳалномаи суди ҳакамии давлати хориҷӣ (арбитраж) хилофи тартиби оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
2. Ҳангоми ба суд пешниҳод шудани дархост ҷиҳати бекор кардан ё боздоштани иҷрои ҳалномаи судҳои ҳакамии давлати хориҷӣ (арбитраж), суде, ки аз он чунин эътироф ва иҷроро талаб менамоянд, агар зарур шуморад, метавонад қабули ҳалномаро мавқуф гузорад.
ФАСЛИ VI БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА ДОДАНИ ВАРАҚАИ ИҶРО ДАР БОРАИ ИҶРОИ МАҶБУРИИ ҲАЛНОМАИ СУДҲОИ ҲАКАМӢ
БОБИ 45. БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА ДОДАНИ ВАРАҚАИ ИҶРО ДАР БОРАИ ИҶРОИ МАҶБУРИИ ҲАЛНОМАИ СУДҲОИ ҲАКАМӢ
Моддаи 407. Додани варақаи иҷро дар бораи иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои ҳакамӣ
1. Суд масъалаи додани варақаи иҷроро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ мутобиқи аризаи тарафи муҳокимаи ҳакамӣ, ки ба манфиати ӯ ҳалномаи суди ҳакамӣ бароварда шудааст, баррасӣ менамояд.
2. Ариза дар бораи додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ ба суди шаҳр ё ноҳияи маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии қарздор ё агар маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии он маълум набошад, ба маҳалли ҷойгиршавии молу мулки қарздор - тарафи муҳокимаи суди ҳакамӣ пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 408. Шакл ва мӯҳтавои ариза дар бораи додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои ҳакамӣ
1. Ариза дар бораи додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ дар шакли хаттӣ пешниҳод гардида, бояд аз ҷониби шахсе, ки ба манфиати ӯ ҳалнома бароварда шудааст ё намояндаи ӯ имзо карда шавад.
2. Дар ариза ҷиҳати додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ бояд маълумотҳои зерин зикр гардад:
- номи суде, ки ба он ариза пешниҳод мегарданд;
- насаб, ном, номи падар ва ҳайати суди ҳакамӣ, ки ҳалнома қабул кардааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- насаб, ном ва номи падари тарафҳои муҳокимаи судӣ, маҳалли истиқомат ё ҷойгиршавии онҳо (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- сана ва маҳалли қабули ҳалномаи суди ҳакамӣ;
- санаи гирифтани ҳалномаи суди ҳакамӣ аз ҷониби тарафе, ки бо ариза муроҷиат кардааст;
- талаботи аризадиҳанда ҷиҳати додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ.
3. Дар ариза инчунин рақами телефон, факс, суроғаи почтаи электронӣ ё дигар маълумотро зикр кардан мумкин аст.
4. Ба ариза ҷиҳати додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ ҳуҷҷатҳои зерин замима мегарданд:
- асли ҳалномаи суди ҳакамӣ ё нусхаи ба таври дахлдор тасдиқшудаи он;
- асли созишномаи ҳакамӣ ё нусхаи ба таври дахлдор тасдиқгардидаи он;
- нусхаи ариза ҷиҳати додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ;
- ваколатнома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати шахс барои имзои ариза.
5. Ариза ҷиҳати додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ, ки бо вайрон кардани талаботи пешбининамудаи ҳамин модда ва моддаи 407 ҳамин Кодекс пешниҳод гардидааст, баррасӣ намегардад ва ба шахси пешниҳоднамуда тибқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаҳои 137 ва 138 ҳамин Кодекс баргаронида мешавад.
Моддаи 409. Тартиби баррасии ариза ҷиҳати додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои ҳакамӣ
1. Судя аризаро ҷиҳати додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои ҳакамӣ дар мӯҳлати на бештар аз як моҳи воридшавӣ ба суд мутобиқи қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс баррасӣ менамояд.
2. Ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ судя аз суди ҳакамӣ маводи парвандаро, ки мутобиқи он варақаи иҷро талаб карда мешавад, тибқи қоидаҳои барои талаб карда гирифтани далелҳо муқарраркардаи ҳамин Кодекс талаб менамояд.
3. Суд тарафҳои муҳокимаи судии ҳакамиро оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ менамояд. Ба суд ҳозир нашудани шахсони зикргардида, ки ба таври дахлдор оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳонида шудаанд, барои баррасии парванда монеа намегардад.
4. Суд ҳангоми баррасии парванда дар маҷлиси судӣ мавҷуд будан ё мавҷуд набудани асосҳои пешбининамудаи моддаи 410 ҳамин Кодексро оид ба рад намудани додани варақаи иҷро ҷиҳати иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ бо роҳи таҳқиқи далелҳои асосноккунандаи талабот ва норозигии пешниҳодшуда муайян менамояд.
Моддаи 410. Асосҳо барои рад намудани додани варақаи иҷро дар бораи иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои ҳакамӣ
1. Суд додани варақаи иҷроро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаҳои судҳои ҳакамӣ танҳо дар ҳолатҳое рад мекунад, ки агар тарафи муҳокимаи судӣ, ки муқобили он суди ҳакамӣ ҳалнома баровардааст, далелҳоеро пешниҳод кунад, ки мутобиқи онҳо:
- созишномаи ҳакамӣ тибқи асосҳои пешбининамудаи қонун эътибор надошта бошад;
- тараф ба таври дахлдор дар бораи интихоби судяҳои судҳои ҳакамӣ ё дар бораи муҳокимаи ҳакамӣ, аз ҷумла оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси суди ҳакамӣ огоҳ нагардида бошад ё бо сабабҳои мухталифи узрнок натавониста бошад, ба суди ҳакамӣ баёноти худро пешниҳод кунад;
- ҳалномаи суди ҳакамӣ вобаста ба баҳсе қабул гардида бошад, ки дар созишномаи ҳакамӣ пешбинӣ нашудааст ё мавриди шартҳои он қарор надорад ё муқарраротеро оид ба масъалаҳое дар бар мегирад, ки аз доираи созишномаи ҳакамӣ берун аст. Агар муқаррарот оид ба масъалаҳои фарогирифтаи созишномаи ҳакамиро аз муқаррарот оид ба масъалаҳои фаронагирифтаи чунин созишнома ҷудо кардан имконпазир бошад, қисми ҳалномае, ки муқаррарот оид ба масъалаҳои фарогирифтаи созишномаи ҳакамиро дар бар мегирад, метавонад эътироф ва иҷро карда шавад;
- ҳайати суди ҳакамӣ ё тартиби муҳокимаи ҳакамӣ ба созишномаи ҳакамии тарафҳо ё қонун мутобиқат надошта бошад;
- ҳалномаи суди ҳакамӣ ҳанӯз барои тарафҳои муҳокимаи ҳакамӣ ҳатмӣ нагардида бошад ё аз ҷониби суд мутобиқи қонуне, ки дар асоси он ҳалномаи суди ҳакамӣ қабул гардида буд, бекор карда шуда бошад.
2. Суд ҳамчунин додани варақаи иҷроро оид ба иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ рад мекунад, агар муқаррар намояд, ки:
- баҳси баррасинамудаи суди ҳакамӣ наметавонад мутобиқи қонун мавзӯи муҳокимаи ҳакамӣ бошад;
- ҳалномаи суди ҳакамӣ хилофи қонун бошад.
Моддаи 411. Таъинот дар бораи додани варақаи иҷро ҷиҳати иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои ҳакамӣ
1. Вобаста ба натиҷаҳои баррасии ариза ҷиҳати додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ суд дар хусуси додани варақаи иҷро ё рад намудани додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ таъинот мебарорад.
2. Дар таъинот дар бораи додани варақаи иҷро ҷиҳати иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд:
- насаб, ном, номи падар ва ҳайати суди ҳакамӣ, ки ҳалнома қабул кардааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- маълумот оид ба ҳалномаи суди ҳакамӣ, ки дар бораи додани варақаи иҷро ҷиҳати иҷрои маҷбурии он аризадиҳанда дархост намудаст;
- ишора дар мавриди додани варақаи иҷро ҷиҳати иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ ё рад намудани додани варақаи иҷро.
ФАСЛИ VII БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА ИҶРОИ САНАДҲОИ СУДӢ ВА САНАДҲОИ МАҚОМОТИ ДИГАР
БОБИ 46. БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА ИҶРОИ САНАДҲОИ СУДӢ ВА САНАДҲОИ МАҚОМОТИ ДИГАР
Моддаи 412. Аз ҷониби суд додани ҳуҷҷатҳои иҷро
1. Иҷрои ҳалнома, таъинот, қарори суд ё судя аз додани ҳуҷҷати дахлдори иҷро оғоз мешавад.
2. Суд ба ситонанда варақаи иҷроро баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома, таъинот ё қарор месупорад, ба истиснои ҳолатҳои иҷрои фаврӣ, ки ҳангоми он варақаи иҷро баъди баровардани санади судӣ фавран дода мешавад. Варақаи иҷро ба ситонанда супурда мешавад ё мутобиқи хоҳиши ӯ аз ҷониби суд барои иҷро бевосита ирсол мегардад.
3. Супоридани фармон барои иҷро мутобиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 133 ҳамин Кодекс сурат мегирад.
Моддаи 413. Дар асоси як ҳалнома додани якчанд варақаҳои иҷро
1. Вобаста ба ҳар як ҳалнома як варақаи иҷро дода мешавад, аммо агар ҳалнома ба манфиати якчанд даъвогар ё бар зидди якчанд ҷавобгар бароварда шуда бошад, суд бояд мутобиқи хоҳиши ситонандагон бо зикри дақиқи маҳалли иҷро ё он қисми ҳалномае, ки мутобиқи ҳамин варақаи иҷро бояд иҷро гардад, якчанд варақаи иҷро диҳад.
2. Дар асоси ҳалнома ё ҳукми суд оид ба ситонидани маблағҳои пулӣ аз ҷавобгарони муштарак мувофиқи хоҳиши ситонанда вобаста ба теъдоди ҷавобгарони муштарак бояд якчанд варақаи иҷро дода шавад. Дар ҳар як варақаи иҷро бояд маблағи умумии ситонандашаванда зикр гардида, ҳамаи ҷавобгарон бо нишон додани ҷавобгарии муштараки онҳо номбар карда шаванд.
Моддаи 414. Аз ҷониби суд додани дубликати варақаи иҷро ё фармон
Ҳангоми гум кардани асли варақаи иҷро, фармон суд ё судяе, ки ҳалнома ё фармонро баровардааст, метавонад дубликати ин ҳуҷҷатҳои иҷроро диҳад. Ариза дар хусуси додани дубликат дар маҷлиси судӣ баррасӣ мегардад. Шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои ҳалли масъалаи додани дубликат монеа намегардад. Нисбат ба таъинот оид ба масъалаи додани дубликат метавонад шикояти хусусӣ пешниҳод гардад.
Моддаи 415. Ҷавобгарӣ барои гум кардани ҳуҷҷатҳои иҷро
Шахси мансабдор, ки барои гум кардани ҳуҷҷатҳои иҷрои додашуда гунаҳкор аст, метавонад аз ҷониби суд ба андозаи то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ карда шавад. Нисбат ба таъинот оид ба ҷаримабандӣ шахси мансабдор метавонад ба суд дар мӯҳлати даҳ рӯз шикоят пешниҳод намояд.
Моддаи 416. Канда шудани мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷро барои иҷро
Мӯҳлати даъво ҷиҳати пешниҳоди варақаи иҷро барои иҷро аз лаҳзаи пешниҳод ҷиҳати иҷро ва агар қонунгузорӣ тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад, инчунин ҳангоми аз ҷониби қарздор қисман иҷро намудани санади суд канда мешавад.
Моддаи 417. Барқарорсозии мӯҳлати гузаронидашуда ҷиҳати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷро барои иҷро
1. Барои ситонандагоне, ки мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷати иҷроро барои иҷро бо сабабҳои аз ҷониби суд узрнок эътирофгардида гузаронидаанд, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, мӯҳлати гузаронидашуда метавонад барқарор карда шавад.
2. Ариза ҷиҳати барқарорсозии мӯҳлати гузаронидашуда ба суде, ки ҳуҷҷати иҷро додааст ё ба суди маҳалли иҷро пешниҳод карда мешавад. Ариза мутобиқи тартиби пешбининамудаи моддаи 114 ҳамин Кодекс баррасӣ мегардад. Нисбат ба таъинот дар бораи барқарорсозии мӯҳлат метавонад шикояти хусусӣ пешниҳод гардад.
Моддаи 418. Тавзеҳи санади судӣ, ки бояд иҷро карда шавад
Ҳангоми носаҳеҳ будани санади судӣ, ки бояд иҷро карда шавад, иҷрочии мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад ба суде, ки онро баровардааст, ҷиҳати тавзеҳи санади судие, ки дар асоси он ҳуҷҷати иҷро дода шудааст, бо пешниҳод муроҷиат кунад. Санади судӣ мутобиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 206 ҳамин Кодекс тавзеҳ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871, аз 20.06.2019 № 1612).
Моддаи 419. Батаъхиргузорӣ, дароз намудан ё ба давраҳо ҷудо намудани мӯҳлати иҷрои санади суд, тағйир додани тарз ва тартиби иҷрои он, индексатсияи маблағҳои ба дигар шахс мансубдониста
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871)
Ҳангоми мавҷудияти ҳолатҳое, ки иҷрои санади суд ё санадҳои дигар мақомотро мушкил мегардонад, иҷрочии мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад дар назди суде, ки парвандаро баррасӣ намудааст ё суди маҳалли иҷрои санади суд дар хусуси ба таъхир гузоштан, дароз намудан ё ба давраҳо ҷудо намудани мӯҳлати иҷро, дар бораи тағйир додани тарз ва тартиби иҷро, инчунин индексатсияи маблағҳои ба дигар шахс мансубдониста масъала гузорад. Чунин пешниҳоди иҷрочии мақомоти иҷро бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 207, 212 ҳамин Кодекс баррасӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871, аз 20.06.2019 № 1612).
Моддаи 420. Мавқуф гузоштани амали иҷро
Суд метавонад мутобиқи аризаи ситонанда ё қарздор ё дар асоси таъинот амали иҷроро мавқуф гузорад. Нисбат ба таъинот оид ба мавқуф гузоштани амали иҷро ба суди дахлдор дар мӯҳлати даҳ рӯз мумкин аст шикоят пешниҳод карда шавад.
Моддаи 421. Ӯҳдадории судя ҷиҳати боздоштани ҷараёни иҷро
Судя ӯҳдадор аст истеҳсолоти иҷроро дар ҳолатҳои зерин боздорад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871):
- фавти қарздор, вафоткарда эълон кардан ё бедарак ғоибшуда эътироф намудани он, агар муносибатҳои ҳуқуқии муқаррарнамудаи суд ворисии ҳуқуқиро иҷозат диҳад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022);
- қобилияти амалкуниро аз даст додани қарздор;
- иштироки қарздор дар амалиёти ҷангӣ дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд ё бо хоҳиши ситонанда, ки таҳти ҳамин шароит қарор дорад;
- пешниҳоди даъво дар бораи аз ҳабс озод кардани (аз рӯйхат баровардани) молу мулке, ки мутобиқи ҳуҷҷати иҷро аз он ситонидан сурат мегирад;
- аз ҷониби қарздор бо тартиби судӣ мавриди баҳс қарор додани ҳуҷҷати иҷро, агар чунин баҳсро қонун иҷозат дода бошад;
- пешниҳоди шикоят ба суд нисбат ба амали мақомоте (шахси мансабдоре), ки ваколатдор аст парвандаҳоро оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ намояд.
Моддаи 422. Ҳуқуқи судя ҷиҳати боздоштани ҷараёни иҷро
Судя метавонад истеҳсолоти иҷроро дар ҳолатҳои зайл боздорад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871):
- азнавташкилшавии ташкилот, ки қарздор мебошад;
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1855);
- дар сафари тӯлонии хизматӣ қарор доштани қарздор;
- дар муассисаи статсионарӣ таҳти муолиҷа қарор доштани қарздор;
- кофтукови қарздор, молу мулки ӯ ё кофтукови кӯдаке, ки аз ӯ гирифта шудааст;
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1855);
- пешниҳоди шикоят нисбат ба амали иҷрочии мақомоти иҷро ё дар бораи аз ҷониби ӯ рад кардани амали иҷро, инчунин нисбат ба рад кардани рад намудани иҷрочии мақомоти иҷро (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1612).
Моддаи 423. Боздоштан ва аз нав оғоз кардани истеҳсолоти иҷро
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871)
1. Истеҳсолоти иҷро дар ҳолатҳои зайл боздошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871) :
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои якум ва дуюми моддаи 421, сархати якуми моддаи 422 ҳамин Кодекс то муайян намудани вориси ҳуқуқии қарздор, аз ҷониби суд додани молу мулки шахси бедарак ғоибшуда ба идоракунандае, ки мақомоти васоят ва парасторӣ таъин намудааст ё ба қарздори ғайри қобили амал таъин намудани васӣ ё ба охир расонидани азнавташкилдиҳии ташкилот (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022);
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархати сеюми моддаи 421, сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми моддаи 422 ҳамин Кодекс - то баргаштан аз сафари хизматӣ, баромадан аз муассисаи муолиҷавӣ ё ба охир расидани кофтукови қарздор ё молу мулки ӯ ё ба охир расидани кофтукови кӯдаки аз ӯ гирифташуда (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1474,  аз 18.03.2022 № 1855);
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои чорум, панҷум ва шашуми моддаи 421, сархати панҷуми моддаи 422 ҳамин Кодекс - то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома ё таъинот дар хусуси рад намудани қонеъгардонии даъво ё шикоят (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1855).
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1855).
2. Истеҳсолоти иҷро мутобиқи аризаи ситонанда ё бо ташаббуси суд ё иҷрочии мақомоти иҷро баъди бартараф намудани ҳолатҳое, ки боиси боздоштани он гардидаанд, аз нав оғоз карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871, аз 20.06.2019 № 1612).
3. хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1855).
Моддаи 424. Қатъ намудани ҷараёни иҷро
1. Истеҳсолоти иҷро дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад, агар (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871):
- ситонанда аз ситонидан ё аз қабули асбобу анҷоме, ки ҳангоми иҷрои ҳалнома аз қарздор ҷиҳати супоридани он ба ситонанда гирифта шудааст, даст кашида бошад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1855);
- ситонанда ва қарздор созиши оштӣ баста бошанд ва онро суд тасдиқ карда бошад;
- баъди фавти шахси воқеӣ, ки ситонанда ё қарздор аст ё вафоткарда эълон кардан ё бедарак ғоибшуда эътироф намудани ӯ талабот ё ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи санади суд наметавонад ба вориси ҳуқуқии шахси вафоткарда эълонкарда ё бедарак ғоибшуда эътирофгардида ё ба идоракунандаи молу мулки шахси бедарак ғоибшуда гузарад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022);
- молу мулки ташкилоти барҳамхӯрда барои қонеъгардонии талаботи ситонанда нокифоя бошад;
- барои чунин навъи ситонидан мӯҳлати даъвои муқаррарнамудаи қонун гузашта бошад;
- ҳалнома, ки дар асоси он ҳуҷҷати иҷро дода шудааст, бекор карда шуда бошад.
2. Ҳангоми аз ситонидан даст кашидани ситонанда ва бастани созиши оштӣ байни ситонанда ва қарздор қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 176 ҳамин Кодекс татбиқ мегардад.
3. Ҳангоми мавҷудияти асосҳо барои қатъи иҷро иҷрочии мақомоти иҷро варақаи иҷроро бо сабти дахлдор ба ҳамин суд ё дигар мақомоте, ки ин ҳуҷҷатро додааст, ирсол менамояд (месупорад). Ҳамаи тадбирҳои андешидаи иҷрочии мақомоти иҷро оид ба иҷро бекор карда мешавад. Истеҳсолоти иҷрои қатъгардида наметавонад аз нав оғоз карда шавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871, аз 20.06.2019 № 1612).
Моддаи 425. Баррасии масъалаҳо дар бораи боздоштан ё қатъ кардани ҷараёни иҷро
1. Масъалаҳо дар бораи боздоштан ё қатъ кардани истеҳсолоти иҷроро суде баррасӣ менамояд, ки дар ҳудуди фаъолияти он иҷрочии мақомоти иҷро амал мекунад. Дар ин хусус ситонанда, қарздор, иҷрочии мақомоти иҷро огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои ҳалли масъалаҳои зикргардида монеа намегардад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871, аз 20.06.2019 № 1612)
2. Оид ба натиҷаи баррасӣ суд таъинот мебарорад ва он ба ситонанда, қарздор ва иҷрочии мақомоти иҷро, ки ҳуҷҷати иҷро мавриди иҷрои ӯ қарор дорад, ирсол мегардад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1612).
3. Нисбат ба таъинот дар хусуси боздоштан ё қатъ кардани истеҳсолоти иҷро метавонад шикояти хусусӣ пешниҳод гардад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
Моддаи 426. Ҷавобгарии бонк ё дигар ташкилоти кредитӣ барои иҷро накардани санадҳои судӣ
Суд ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро накардани санади судӣ оид ба ситонидани маблағҳои пулии қарздор аз ҷониби бонк ё дигар ташкилоти кредитии хизматрасонӣ ҳисобномаҳои қарздор, агар дар ҳисобномаи қарздор маблағи пулӣ мавҷуд бошад, бо пешниҳоди иҷрочии мақомоти иҷро ё аризаи ситонанда инчунин бонк ё дигар муассисаи кредитиро дар ҳаҷми панҷоҳ фоиз аз маблағе, ки бояд ситонида шавад, ҷарима мебандад. Ҷаримабандӣ бонк ё дигар муассисаи кредитиро аз ӯҳдадории иҷрои санади суд озод намекунад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1612).
Моддаи 427. Шикоят нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии мақомоти иҷро 
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871, аз 20.06.2019 № 1612)
Ситонанда ё қарздор метавонад нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии мақомоти иҷро оид ба иҷрои санадҳои суд, санадҳои мақомоти дигар ё рад кардани иҷрои чунин амалҳо шикоят пешниҳод намояд. Шикоят ба суде, ки дар ҳудуди фаъолияти он иҷрочии мақомоти иҷро ӯҳдадориҳои худро анҷом медиҳад, дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи қабули қарор, амали (беамалии) иҷрочии суд, рад кардани иҷрои чунин амалҳо ё аз рӯзе, ки ситонанда ё қарздор аз қабули қарор, амал (беамалӣ) ё рад кардани иҷрои чунин амалҳо аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро огоҳӣ ёфтаанд, пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871, аз 20.06.2019 № 1612)
Моддаи 427(1). Мӯҳлат ва тартиби баррасии шикоят нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии маҷомоти иҷро 
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871, аз 20.06.2019 № 1612)
Суд шикоятро нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии мақомоти иҷро дар мӯҳлати даҳ рӯз бо иштироки ситонанда, қарздор ва иҷрочии мақомоти иҷро баррасӣ мекунад. Ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани шахсони зикргардида, ки ба таври дахлдор оид ба вақт ва маҳалли гузаронидани маҷлиси судӣ огоҳ гардидаанд, барои баррасии шикоят монеа шуда наметавонад. Доир ба натиҷаи баррасии шикоят ҳалнома қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
Моддаи 428. Ҳифзи ҳуқуқи шахсони дигар ҳангоми иҷрои санади судӣ
1. Агар иҷрочии мақомоти иҷро ҳангоми ба ҳабс гирифтани молу мулк қонунро, ки барои бекор кардани баҳабсгирӣ асос шуда бошад, вайрон кунад, сарфи назар аз мансубияти молу мулк ба қарздор ё дигар шахсон суд аризаи қарздорро дар хусуси бекор кардани баҳабсгирӣ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 427 ва 427(1) ҳамин Кодекс баррасӣ менамояд. Чунин ариза метавонад то фурӯши молу мулки ба ҳабс гирифташуда пешниҳод гардад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1855).
2. Баҳсҳои изҳорнамудаи шахсоне, ки дар баррасии парванда вобаста ба мансубияти молу мулке, ки аз он ситонидан анҷом дода мешавад, иштирок накардаанд, суд мутобиқи қоидаҳои мурофиаи даъво баррасӣ менамояд.
3. Даъво ҷиҳати аз ҳабс озод кардани молу мулк ба қарздор ва ситонанда пешниҳод карда мешавад. Агар баҳабсгирӣ ё барӯйхатгирии молу мулк вобаста ба мусодираи молу мулк анҷом дода шуда бошад, ба сифати ҷавобгар шахси маҳкумшуда ва мақомоти дахлдори давлатӣ ҷалб карда мешаванд.
4. Агар молу мулки ба ҳабс гирифташуда ё ба рӯйхат дохилгардида пештар фурӯхта шуда бошад, даъво инчунин нисбат ба шахсоне пешниҳод мегардад, ки ба онҳо молу мулк супорида шудааст. Дар сурати қонеъгардонии даъво ҷиҳати баргардондани молу мулки фурӯхташуда суд баҳси байни шахси бадастовардаи молу мулк, ситонанда ва қарздорро бо тартиби мурофиаи даъво баррасӣ менамояд.
5. Суд, сарфи назар аз аризаи шахсони манфиатдор, агар ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардидаро муайян созад, вазифадор аст баҳабсгирии молу мулкро дар маҷмӯъ бекор кунад ё қисми молу мулкро аз рӯйхат хориҷ намояд.
Моддаи 429. Баргардонидани иҷрои ҳалнома
Ҳангоми бекор кардани ҳалномаи иҷрогардида ва баъди баррасии нави парванда баровардани ҳалнома барои пурра ё қисман рад намудани даъво ё таъинот оид ба қатъи мурофиаи парванда ё баррасӣ накардани даъво ба ҷавобгар бояд ҳама молу мулке, ки аз ӯ мутобиқи санади бекоргардидаи суд ба фоидаи даъвогар ситонида шуда буд, баргардонида шавад (баргардонидани иҷрои ҳалнома).
Моддаи 430. Ҳалли масъалаҳо дар бораи баргардонидани иҷрои ҳалнома аз ҷониби суди марҳилаи якум
1. Суде, ки ба он парванда барои баррасии нав супорида шудааст, ӯҳдадор аст бо ташаббуси худ масъалаи баргардонидани иҷрои ҳалномаро баррасӣ намуда, онро дар ҳалнома ё таъиноти наве, ки бо он баррасии парванда қатъ мегардад, ҳал намояд.
2. Агар суди парвандаро аз нав баррасинамуда масъалаи баргардонидани иҷрои ҳалномаи бекоркардаро ҳал накунад, ҷавобгар ҳуқуқ дорад дар доираи мӯҳлати даъво ба ҳамин суд дар хусуси баргардонидани иҷрои ҳалнома ариза диҳад. Ин ариза дар маҷлиси судӣ баррасӣ карда мешавад. Шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли маҷлис огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои ҳалли масъалаи дар назди суд гузошташуда монеа намегардад.
3. Нисбат ба таъинот дар бораи баргардонидани иҷрои ҳалнома мумкин аст шикояти хусусӣ пешниҳод карда шавад.
Моддаи 431. Ҳалли масъалаҳо дар бораи баргардонидани иҷрои ҳалнома аз ҷониби суди марҳилаи кассатсионӣ ё назоратӣ
1. Суде, ки парвандаро бо тартиби кассатсионӣ ё тартиби назоратӣ баррасӣ менамояд, агар бо ҳалнома, таъинот ё қарори худ баҳсро моҳиятан ҳал кунад ё баррасии парвандаро қатъ намояд ё аризаро баррасӣ накунад, ӯҳдадор аст масъалаи баргардонидани иҷрои ҳалномаро ҳал намояд ё барои ҳал ба суди марҳилаи якум ирсол намояд.
2. Агар дар ҳалнома, таъинот ё қарори суди болоӣ нисбат ба масъалаи баргардонидани иҷрои ҳалнома ягон супориш мавҷуд набошад, ҷавобгар метавонад ба суди марҳилаи якум аризаи дахлдор пешниҳод кунад.
3. Ҳангоми бо тартиби кассатсионӣ бекор кардани ҳалнома оид ба парвандаҳо дар хусуси ситонидани алимент баргардондани иҷрои ҳалнома танҳо ҳангоме иҷозат дода мешавад, ки агар ҳалномаи бекоркардашуда ба маълумоти бардурӯғи даъвогар ё ҳуҷҷатҳои сохтаи пешниҳоднамудаи ӯ асос ёфта бошад.
4. Ҳангоми бо тартиби назоратӣ бекор кардани ҳалнома оид ба парвандаҳо дар бораи ситонидани маблағҳои пулӣ мутобиқи талаботе, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ бармеоянд, дар бораи ситонидани подош барои истифодаи ҳуқуқи муаллифӣ, ҳуқуқ барои кашф, ихтироъ, модели фоиданок, намунаи саноатӣ, нишонаи мол, дар бораи ситонидани алимент, дар бораи ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи осеб ё ба тарзи дигар ба саломатӣ расонида шудааст ё боиси фавти саробон гардидааст, баргардонидани иҷрои ҳалнома ҳангоме иҷозат дода мешавад, ки агар ҳалномаи бекоргардида ба маълумоти бардурӯғи даъвогар ё ҳуҷҷатҳои сохтаи пешниҳоднамудаи ӯ асос ёфта бошад.
Моддаи 432. Молу мулки шаҳрвандон, ки тибқи ҳуҷҷатҳои иҷро онҳоро ситонидан мумкин нест
Аз молу мулк ва асбобу анҷоми зерине, ки тибқи ҳуқуқи моликияти шахсӣ ё ҳисса дар моликияти умумӣ ба қарздор мансубанд ва барои қарздор ва шахсони таҳти парасториаш қарордошта заруранд, дар асоси ҳуҷҷатҳои иҷро наметавонад ситонидан анҷом дода шавад:
- бинои истиқоматӣ бо иморатҳои хоҷагидорӣ ё қисми алоҳидаи он, агар қарздор ва оилаи ӯ дар он ҷо муқимӣ зиндагӣ кунанд, инчунин қитъаи замине, ки дар он иморатҳо ҷойгиранд, ба истиснои ҳолате, ки қарзи барои сохтани хона додаи бонк ситонида мешавад ё хона ба гарав гузошта шудааст;
- хонаи истиқоматии хусусигардонидашуда ё як қисми он дар доираи меъёри ҳадди ақалли майдони истиқомат, ки барои ҳамин маҳал муқаррар гардидааст, агар қарздор ва оилаи ӯ дар он ҷо муқимӣ зиндагӣ кунанд, ба истиснои ҳолате, ки агар қарзи барои сохтани хонаи истиқоматӣ додаи бонк ситонида мешавад ё хонаи истиқоматӣ ба гарав гузошта шуда бошад;
- қитъаи замин ё як қисми он, ки ба хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) мансуб мебошад, инчунин қитъаи замини барои пешбурди хоҷагии наздиҳавлигӣ зарурӣ, дар ҳаҷми ҳадди ақалле, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба замин пешбинӣ намудааст;
- аз шахсоне, ки шуғли асосиашон кишоварзӣ (фермерӣ) мебошадиморатҳои ёрирасон ва ҳайвоноти хонагӣ ба миқдоре, ки барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти ҳадди ақалли оилаи онҳо заруранд;
- хӯрока барои чорво, ки то ҷамъоварии хӯрокаи нав ё то давраи ба чарогоҳ баровардани чорво зарур аст;
- аз шахсоне, ки шуғли асосиашон кишоварзӣ (фермерӣ) мебошад тухмие, ки барои кишти навбатӣ зарур аст;
- асбобу анҷоми хона, сару либос, ки барои қарздор ва шахсони таҳти парасториаш қарордошта заруранд; асбобу анҷоми барқии маишӣ, ба истиснои ду ва зиёда адад мавҷуд будани онҳо; сару либос, пойафзол, либоси таг, рахти хоб, асбобу анҷоми ошпазхона; сару либоси кӯдакона(Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1855).
- озуқаворӣ ба миқдоре, ки барои қарздор ва аъзои оилаи ӯ то ҳосили нав заруранд, агар шуғли асосии қарздор кишоварзӣ (фермерӣ) бошад ва дар ҳолатҳои дигар - маҳсулоти хӯрокворӣ ва маблағи умумӣ дар ҳаҷми на камтар аз сад ҳадди ақалли музди меҳнат (дар рӯзи нигоҳ доштани маблағ) барои қарздор ва барои шахсони таҳти парасториаш қарордошта;
- сӯзишворие, ки ба оила барои таомпазӣ ва гарм кардани бинои истиқоматӣ дар ҷараёни мавсими гармидиҳӣ зарур аст;
- ашё, асбобу анҷоми аёнӣ, китоб, ки барои идомаи шуғли касбии қарздор заруранд (ба истиснои асбобу анҷоме, ки аз маводи қиматбаҳо таҳия шудаанд, инчунин арзишҳои таърихию бадеӣ дар сурате, ки агар қарздор бо ҳалнома аз ҳуқуқи шуғл ба фаъолияти дахлдор маҳрум карда шуда бошад ва ҳангоме, ки агар асбобу анҷоми зикргардидаро ӯ барои машғулият ба касби ғайриқонунӣ истифода барад;
- воситаи нақлиёте, ки махсус барои ҳаракати маъюбон таъин гардидааст;
- ҷоизаҳо, нишону медал ва дигар нишонҳои фарқкунанда, ки қарздор бо онҳо сарфароз гардидааст.

КОДЕКСИ МАНЗИЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 16/01/2020 - 16:26
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
КОДЕКС
Рақам: 
1852
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
18.03.2022
Кодекси мазкур аз 1 сентябри соли 2022 мавриди амал қарор дода шавад.
КОДЕКСИ МАНЗИЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 феврали соли 2022, № 640
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 марти соли 2022 № 236
ҷонибдорӣ карда шуд
ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ
Моддаи 1. Ҳуқуқ ба манзил
1. Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ҳуқуқ ба манзил дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи сохтмони манзили давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва хусусӣ таъмин карда мешавад. Ҳама гуна амал (беамалӣ), ки барои амалишавии ҳуқуқ ба манзил монеъ мегардад, манъ аст.
2. Шаҳрвандон ҳуқуқҳои манзилии ба онҳо тааллуқдоштаро ихтиёран амалӣ менамоянд.
3. Шаҳрвандон дар амалӣ намудани ҳуқуқҳои худ ба манзил тибқи шартнома ва асосҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон озод мебошанд.
4. Шаҳрвандон ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқ ба манзил ва иҷрои уҳдадориҳое, ки аз муносибатҳо оид ба манзил бармеоянд, набояд ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсони дигарро вайрон кунанд.
5. Давлат барои амалӣ намудани ҳуқуқ ба манзил тавассути сохтмони манзил, мусоидат ба рушди бозори манзил, бо тартиби муқарраршуда ба шаҳрвандон додани манзили истиқоматӣ бо шартномаҳои кирояи иҷтимоӣ, кирояи манзили истиқоматии махсусгардонидашуда аз фонди манзили давлатӣ ё коммуналӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии моликон ва дигар истифодабарандагони манзил, хизматрасониҳои коммуналӣ ва назорат ба риояи қонунгузорӣ оид ба сохтмони манзил шароит фароҳам меорад.
Моддаи 2. Дахлнопазирии манзил
1. Манзили шахс дахлнопазир аст. Ба манзили шахс зӯран даромадан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст.
2. Ҳеҷ кас аз манзилаш бароварда намешавад ва аз ҳуқуқи истифодабарии манзил маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манзил
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манзил ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) манзили истиқоматӣ - молу мулки ғайриманқул дар намуди хонаи истиқоматӣ ё хона дар бинои бисёрхонагӣ, ки барои истиқомати доимии шаҳрвандон пешбинӣ шудааст ва ба қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ, техникӣ, экологӣ, меъморию шаҳрсозӣ, зидди сӯхтор ва ба талаботи дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад;
2) бинои истиқоматӣ - сохтмони асосӣ (бино, иншоот), ки нисф ё аз нисф зиёди масоҳати умумии онро майдони истиқоматӣ ташкил медиҳад;
3) хонаи истиқоматӣ (минбаъд - манзил) - бинои инфиродии муайяне, ки аз ҳуҷраҳо, инчунин иморату қисматҳои истифодабарии ёрирасон иборат буда, барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти маишӣ ва эҳтиёҷоти дигари шаҳрвандон вобаста ба истиқомати онҳо дар бинои мазкур пешбинӣ шудааст;
4) бинои бисёрхонагӣ - маҷмӯи ягонаи молу мулки ғайриманқул, ки аз ду ва зиёда хона иборат буда, дар он қисматҳои алоҳида барои истиқомат ва мақсадҳои дигар таъин гардида, дар моликияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарор дорад;
5) хона - манзили истиқоматии алоҳида дар бинои бисёрхонагӣ, ки имконияти дастрасии бевоситаро ба қисматҳои истифодабарии умумӣ дар бинои мазкур таъмин менамояд ва аз як ё якчанд ҳуҷра, инчунин қисматҳои истифодабарии ёрирасон, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти маишӣ ва эҳтиёҷоти дигари шаҳрвандон вобаста ба истиқомати онҳо дар чунин манзили мустақил пешбинӣ шудаанд, иборат мебошад;
6) ҳуҷра - қисми алоҳидаи хонаи истиқоматӣ ё хона, ки барои истифодабарӣ ба сифати ҷойи истиқомати бевоситаи шаҳрвандон дар хонаи истиқоматӣ ё хона дар бинои бисёрхонагӣ пешбинӣ шудааст;
7) фонди манзил - манзилҳои истиқоматии ҳамаи намуди моликият, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеанд;
8) масоҳати умумии манзили истиқоматӣ - маҷмӯи масоҳати ҳамаи қисмҳои манзили истиқоматӣ, аз ҷумла масоҳати қисматҳои истифодабарии ёрирасон, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти маишӣ ва эҳтиёҷоти дигари шаҳрвандон вобаста ба истиқомати онҳо дар манзили истиқоматӣ пешбинӣ шудаанд;
9) шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ - ҳуҷҷате, ки маълумоти техникӣ ва маълумоти дигарро дар бораи манзили истиқоматӣ бо таъмини мутобиқати он ба талаботи муқарраргардида дар бар мегирад;
10) молу мулки умумии бинои бисёрхонагӣ - қисматҳо ва объектҳои бинои бисёрхонагӣ, ки қисмҳои манзилҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ набуда, барои истифодабарии умумӣ ва хизмат расонидан ба ду ва зиёда манзили ҳамин бино пешбинӣ шудаанд ва дар як қитъаи замини умумӣ ҷойгиранд, аз ҷумла майдончаҳои зинапоявии байнихонагӣ, зинапояҳо, лифтҳо, чоҳҳои лифт, даҳлезҳо, ошёнаҳои техникӣ, болохонаҳо, таҳхонаҳои техникӣ (таҳхонаҳое, ки дар онҳо шабакаҳои муҳандисӣ, таҷҳизоти дигари барои хизматрасонӣ ба зиёда аз як манзил пешбинӣ шудаанд), инчунин бому болопӯш, конструксияҳои дигари хонаи мазкур, таҷҳизоти механикӣ, барқӣ, санитарию техникӣ, ҳавотозакунӣ ва таҷҳизоти дигар, ки дар берун ва (ё) дохили хонаи мазкур ҷойгиранд, инчунин объектҳои дигар, ки барои хизматрасонӣ, истифодабарӣ ва ободонии ҳамин хона пешбинӣ шудаанд;
11) кирояи иҷтимоӣ - дар асоси шартномаи кирояи иҷтимоӣ ба шахсони эҳтиёҷманд барои истиқомат додани манзили истиқоматӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур;
12) ҳудуди назди хона - қитъаи замин, ки дар он унсурҳои кабудизоркунӣ ва объектҳои дигари барои хизматрасонӣ, истифодабарӣ ва ободонии бинои бисёрхонагии мазкур таъингардида ҷойгир шудаанд;
13) ташкилоти идоракунанда - шахси ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ (ба истиснои ширкати моликони манзил), ки тибқи оиннома ва (ё) ҳуҷҷатҳои дахлдори вазъи ҳуқуқии онро муайянкунанда фаъолияти идоракунии бинои бисёрхонагиро амалӣ менамояд;
14) ширкати моликони манзил - ташкилоти ғайритиҷоратӣ, ки моликони манзилҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматиро дар бинои бисёрхонагӣ барои идоракунии молу мулки умумӣ ва ҳудуди назди хона, таъмини истифодабарӣ ва нигоҳдории молу мулки зикргардида, соҳибӣ, истифода ва дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёрдории молу мулки умумӣ муттаҳид менамояд;
15) кооперативи манзил - иттиҳоди ихтиёрии шаҳрвандон ва (ё) шахсони ҳуқуқӣ, ки дар асоси узвият бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти худ ё шаҳрвандони дигар ба манзили истиқоматӣ, инчунин идоракунии манзилҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ дар бинои бисёрхонагӣ таъсис дода шудааст.
Моддаи 5. Муносибатҳо оид ба манзил ва иштирокчиёни он
1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манзил муносибатҳои зеринро танзим менамояд:
1) ба вуҷуд омадан, амалӣ намудан, тағйир ёфтан, қатъ гардидани ҳуқуқҳои соҳибӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдорӣ намудани манзили истиқоматии фондҳои манзили давлатӣ ва хусусӣ;
2) истифодаи молу мулки умумӣ дар бинои бисёрхонагӣ;
3) мансуб донистани хонаҳо (биноҳо) ба қатори манзилҳои истиқоматӣ ва хориҷ намудани онҳо аз фонди манзил;
4) баҳисобгирии фонди манзил;
5) истифодабарӣ ва нигоҳдории манзилҳои истиқоматӣ;
6) азнавтаҷҳизонӣ ва (ё) азнавтарҳрезии манзилҳои истиқоматӣ;
7) идоракунии бинои бисёрхонагӣ;
8) таъсис додан ва фаъолияти кооперативҳои манзил, ширкатҳои моликони манзил ва ташкилоти идоракунанда;
9) пешниҳоди хизматрасониҳои коммуналӣ;
10) пардохти маблағ барои манзили истиқоматӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ;
11) назорати истифодабарӣ ва нигоҳдории фонди манзил, мутобиқати манзилҳои истиқоматӣ ба қоидаю меъёрҳои санитарӣ ва техникии муқарраргардида ва талаботи дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Иштирокчиёни муносибатҳо оид ба манзил шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошанд.
3. Муносибатҳо оид ба манзил, ки иштирокчиёни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд мебошанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд, агар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.
Моддаи 6. Татбиқи қонунгузории соҳаҳои дигар ба муносибатҳо оид ба манзил
Ба муносибатҳо оид ба манзил, ки бо таъмир, азнавтаҷҳизонӣ, азнавтарҳрезии манзилҳо дар бинои бисёрхонагӣ, истифодаи таҷҳизотҳои муҳандисӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои коммуналӣ ва пардохти маблағи хизматрасониҳои коммуналӣ вобастаанд, меъёрҳои қонунгузории дахлдор бо назардошти муқаррароти Кодекси мазкур татбиқ мегарданд.
Моддаи 7. Қиёси қонун ва ҳуқуқ дар муносибатҳо оид ба манзил
1. Дар сурати бо қонунгузории манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ё созишномаи тарафҳо танзим нагардидани муносибатҳо оид ба манзил ва мавҷуд набудани меъёрҳои қонунгузории гражданӣ, оилавӣ ва қонунгузории дигар, ки бевосита ин муносибатҳоро танзим менамоянд, меъёрҳои қонунгузории манзил, ки муносибатҳои шабеҳро танзим менамоянд (қиёси қонун), татбиқ мегарданд.
2. Ҳангоми имконнопазир будани истифодаи қиёси қонун ҳуқуқу уҳдадориҳои иширокчиёни муносибатҳо оид ба манзил бо назардошти асосҳои умумию моҳияти қонунгузорӣ оид ба манзил (қиёси ҳуқуқ) ва талаботи принсипҳои башардӯстӣ, бовиҷдонӣ ва адолат муайян карда мешаванд.
3. Аз рӯи қиёс татбиқ намудани меъёрҳое, ки ҳуқуқ ба манзилро маҳдуд ва ҷавобгариро муқаррар менамоянд, манъ аст.
БОБИ 2. МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ
Моддаи 8. Манзили истиқоматӣ ва намудҳои он
Ба манзили истиқоматӣ дохил мешаванд:
1) хонаи истиқоматӣ, қисми хонаи истиқоматӣ;
2) хона дар бинои бисёрхонагӣ, қисми хона;
3) ҳуҷра.
Моддаи 9. Таъинот ва истифодабарии манзили истиқоматӣ
1. Манзили истиқоматӣ барои истиқомати шаҳрвандон пешбинӣ мешавад.
2. Истифодабарии манзили истиқоматӣ бо риояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, талаботи санитарию гигиенӣ, экологӣ, меъморию шаҳрсозӣ, зидди сӯхтор ва талаботи дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Қоидаҳои намунавии истифодабарии манзили истиқоматиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи манзил тасдиқ менамояд.
3. Истифодабарии манзили истиқоматӣ ё қисми он барои амалӣ намудани фаъолияти касбӣ ё фаъолияти соҳибкории инфиродӣ аз ҷониби шахсоне, ки дар ҳамин манзил истиқомат мекунанд, бо розигии соҳибмулк ва истиқоматкунандагони манзили мазкур иҷозат дода мешавад, агар он ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони дигар ва талаботеро, ки манзили истиқоматӣ бояд ҷавобгӯи онҳо бошад, вайрон накунад.
4. Дар манзили истиқоматӣ ҷойгир намудани истеҳсолоти саноатӣ манъ аст.
5. Ҷойгир намудани объектҳои хӯроки умумӣ, хизматрасонии маишӣ ва фарҳангию фароғатӣ дар бинои бисёрхонагӣ бо розигии маҷлиси умумии моликони манзили ҳамин хона ва бо назардошти талаботи Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шаҳрсозӣ иҷозат дода мешавад.
Моддаи 10. Намудҳои фонди манзил
1. Фонди манзил вобаста ба шакли моликият ба намудҳои зерин тақсим мешавад:
1) фонди манзили давлатӣ;
2) фонди манзили хусусӣ.
2. Фонди манзили давлатӣ аз фонди манзили ҷумҳуриявӣ, коммуналӣ ва фонди манзили мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот иборат аст.
3. Фонди манзили хусусӣ аз манзилҳои истиқоматие, ки дар моликияти шаҳрвандон ё шахсони ҳуқуқии ғайридавлатӣ ё иттиҳодияҳои онҳо қарор доранд, иборат аст.
4. Фонди манзил вобаста ба мақсадҳои истифодабарӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешавад:
1) фонди манзили истифодаи иҷтимоӣ;
2) фонди манзили махсусгардонидашуда;
3) фонди манзили шахсӣ (инфиродӣ);
4) фонди манзили истифодаи тиҷоратӣ.
Моддаи 11. Баҳисобгирии давлатии фонди манзил ва бақайдгирии давлатии манзили истиқоматӣ
1. Баҳисобгирии давлатии фонди манзил аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Баҳисобгирии давлатии фонди манзил гузаронидани баҳисобгирии техникии фонди манзил, аз ҷумла барӯйхатгирии техникӣ ва шиносномакунии техникии манзилҳои истиқоматиро дар бар мегирад.
3. Бақайдгирии давлатии манзили истиқоматӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он амалӣ карда мешавад.
Моддаи 12. Назорати давлатии фонди манзил
1. Назорати давлатии фонди манзил, новобаста аз шакли моликият, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Назорати давлатии фонди манзил аз назорати тартиби идоракунӣ, истифодабарӣ ва нигоҳдошти манзилҳои истиқоматӣ, нигоҳдории молу мулки умумии бинои бисёрхонагӣ иборат буда, мутобиқати манзилҳои истиқоматӣ, сифат, ҳаҷм ва тартиби хизматрасониҳои коммуналиро ба талаботи муқарраргардида дар бар мегирад.
Моддаи 13. Суғуртаи манзилҳои истиқоматӣ
Бо мақсади таъмини кафолати ҷуброни зарари расонидашуда вобаста ба вайрон шудан, аз байн рафтан, хароб шудан ё осеб дидани манзилҳои истиқоматӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манзилҳои истиқоматӣ метавонанд суғурта карда шаванд.
Моддаи 14. Азнавтаҷҳизонӣ ва (ё) азнавтарҳрезии манзили истиқоматӣ
Азнавтаҷҳизонӣ ва (ё) азнавтарҳрезии манзили истиқоматӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва молики манзили истиқоматӣ амалӣ карда мешаванд.
БОБИ 3. САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МАНЗИЛ
Моддаи 15. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи манзил
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи манзил мансубанд:
1) тасдиқ намудани стратегия ва барномаҳои давлатии рушди фонди манзил, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва назорати иҷрои онҳо;
2) роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии байниидоравӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи манзил;
3) муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи манзил;
4) муқаррар намудани тартиби баҳисобгирии манзилҳои истиқоматӣ ва назорати давлатии фонди манзил;
5) тасдиқ намудани тартиби эътироф кардани шаҳрвандони эҳтиёҷманд ба манзили истиқоматие, ки бо шартномаи кирояи иҷтимоӣ дода мешавад;
6) амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 16. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи манзил
Ба ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи манзил (минбаъд - мақомоти ваколатдори давлатӣ) дохил мешаванд:
1) амалигардонии сиёсати давлатӣ дар соҳаи манзил;
2) таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани стратегия ва барномаҳои давлатии рушди фонди манзил ва иҷрои онҳо;
3) таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи манзил;
4) таҳия ва тасдиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ вобаста ба фонди манзил ва манзилҳои истиқоматӣ;
5) амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 17. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи манзил
Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи манзил дохил мешаванд:
1) амалигардонии сиёсати давлатӣ дар соҳаи манзил;
2) таҳия ва тасдиқ намудани барномаҳои маҳаллии рушди фонди манзил, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва назорати иҷрои онҳо;
3) баҳисобгирии манзилҳои истиқоматӣ ва назорати давлатии фонди манзил, ки дар ҳудуди дахлдор ҷойгир аст;
4) бо тартиби муқарраргардида пешбурди баҳисобгирии шаҳрвандони эҳтиёҷманд ба манзили истиқоматӣ, ки тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ аз фонди манзили коммуналӣ дода мешавад;
5) бо тартиби муқарраргардида ба шаҳрвандон тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ ва шартномаи кирояи манзили истиқоматии махсусгардонидашуда додани манзилҳои истиқоматӣ аз фонди манзили коммуналӣ;
6) бо тартиби муқарраргардида барои истиқомат номувофиқ эътироф намудани манзилҳои истиқоматии фонди манзили коммуналӣ;
7) назорати истифодабарӣ ва нигоҳдошти фонди манзил, мутобиқ будани манзилҳои истиқоматӣ ба қоидаҳо ва меъёрҳои санитарию техникии муқарраргардида ва ба талаботи дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8) амалӣ намудани ваколатҳое дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
ФАСЛИ II. ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ БА МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ
БОБИ 4. БА МОЛИКИЯТ ГИРИФТАНИ МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ
Моддаи 18. Асосҳои ба вуҷуд омадани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ
Ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ бо асосҳои зерин ба вуҷуд меояд:
1) сохтмони хонаи истиқоматӣ (қисми хона) ё бинои бисёрхонагӣ, аз ҷумла дар асоси иштироки ҳиссагӣ дар маблағгузории сохтмон;
2) анҷом додани аҳдҳои хариду фурӯш, иваз, ҳадя, аз рӯи шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ ва аҳдҳои дигаре, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд;
3) ба мерос гирифтани манзили истиқоматӣ;
4) пардохти маблағи пурраи саҳм аз ҷониби узви кооперативи манзил;
5) дар асоси санади судӣ;
6) асосҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 19. Ҳуқуқи моликият ба хонаи истиқоматӣ ё бинои бисёрхонагии сохташуда
1. Сохтмони хонаи истиқоматӣ ё бинои бисёрхонагӣ аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони ҳуқуқӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
2. Ҳуқуқи моликият ба хонаи истиқоматӣ ё бинои бисёрхонагии сохташуда мувофиқан ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки сохтмони хонаи истиқоматӣ ё бинои бисёрхонагӣ аз ҳисоби онҳо маблағгузорӣ карда шудааст, тааллуқ дорад.
3. Ҳангоми маблағгузории сохтмони хонаи истиқоматӣ ё бинои бисёрхонагӣ аз ҳисоби иштироки ҳиссагии шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот онҳо ҳуқуқи моликиятро ба ҳамин манзили истиқоматӣ мутаносибан ба ҳиссаи иштироки худ соҳиб мешаванд, агар бо қонунгузорӣ ва ё шартномаи тарафҳо тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
4. Ҳуқуқи моликият ба хонаи истиқоматӣ ё бинои бисёрхонагии сохташуда аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ ба вуҷуд меояд.
Моддаи 20. Ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ тибқи аҳдҳои ҳуқуқии гражданӣ
1. Манзили истиқоматӣ, аз ҷумла хонаи сохтмонаш нотамом, мумкин аст бо роҳи анҷом додани аҳдҳои хариду фурӯш, иваз, ҳадя, аз рӯи шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ, мерос ё аҳдҳои дигари ҳуқуқии граждании бо қонун манънагардида, ҳамчун моликият ба даст оварда шавад.
2. Шартномаи хариду фурӯш, иваз, ҳадяи манзили истиқоматӣ, шартномае, ки бегона кардани молу мулки ғайриманқулро бо шарти таъминоти якумрӣ бо саробонӣ пешбинӣ менамояд, мерос ё аҳдҳои дигари ҳуқуқии граждании бо қонун манънагардида нисбат ба манзили истиқоматӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби нотариалӣ тасдиқ ва дар ташкилоти дахлдори бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ба қайд гирифта мешавад.
Моддаи 21. Пардохти маблағи пурраи саҳм аз ҷониби узви кооперативи манзил
Аз рӯзи пардохт намудани маблағи пурраи саҳм ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон узви кооперативи манзил нисбат ба манзили истиқоматии дахлдор ҳуқуқ пайдо карда, уҳдадориашро вобаста ба иштирок дар хароҷоти нигоҳдошти молу мулки умумии бинои бисёрхонагӣ нигоҳ медорад. Узви оила, ки ба қисми саҳми ҷамъшуда ҳуқуқ дорад, молики қисми дахлдори манзили истиқоматӣ мегардад.
Моддаи 22. Таъмини ҳуқуқҳои моликони манзили истиқоматӣ ҳангоми гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ
Дар сурати барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ мутобиқи қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани қитъаи замин, ки дар он манзили истиқоматӣ ҷойгир аст, арзиши манзили истиқоматии молик бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.
БОБИ 5. ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ МОЛИКИ МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ ВА АЪЗОИ ОИЛАИ Ӯ
Моддаи 23. Ҳуқуқу уҳдадориҳои молики манзили истиқоматӣ
1. Молики манзили истиқоматӣ тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи соҳибӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдории манзили истиқоматии ба ӯ тааллуқдоштаро дорад.
2. Молики манзили истиқоматӣ ҳуқуқ дорад хонаи истиқоматии ба ӯ тааллуқдоштаро барои истифодабарӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси шартномаи иҷора, истифодабарии бемузд ё бо асоси дигари қонунӣ, тибқи талаботи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон диҳад.
3. Молики манзили истиқоматӣ уҳдадор аст:
1) манзили мазкурро дар ҳолати муносиб нигоҳ дошта, талаботи санитарию гигиенӣ, экологӣ, меъморию шаҳрсозӣ, зидди сӯхтор ва талаботи дигареро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, риоя намояд;
2) ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ҳамсояҳоро эҳтиром ва риоя намояд;
3) қоидаҳои истифодабарии манзилҳои истиқоматӣ, инчунин қоидаҳои нигоҳдории молу мулки умумӣ дар бинои бисёрхонагӣ ва ҳудуди назди хонаро риоя намояд;
4) маблағи хизматрасониҳои коммуналӣ, таъмири манзили истиқоматӣ ва маблағҳои дигарро вобаста ба истифода ва нигоҳдории зарурии манзили истиқоматӣ, аз ҷумла маблағҳои вобаста ба нигоҳдории молу мулки умумӣ дар бинои бисёрхонагӣ ва ҳудуди назди хонаро сари вақт пардохт намояд.
4. Молики манзили истиқоматӣ манзили истиқоматиро набояд ба зарари манфиатҳои давлат, ҷамъият ва шаҳрвандони дигар истифода намояд.
Моддаи 24. Аъзои оилаи молики манзили истиқоматӣ
1. Ҳамсар, фарзандон, падару модар, бобо, бибӣ, наберагон ва аберагони молик, ки дар манзили истиқоматии молик бо ӯ доимӣ истиқомат мекунанд, аъзои оилаи молики манзили истиқоматӣ эътироф карда мешаванд.
2. Дар ҳолатҳои истисноӣ шахсони дигар низ метавонанд аъзои оилаи молики манзили истиқоматӣ эътироф карда шаванд, агар онҳо бо розигии молик дар ҳамин манзили истиқоматӣ ба таври доимӣ бо молики манзил истиқомат карда бошанд.
3. Баҳсҳо дар бораи аъзои оилаи молики манзили истиқоматӣ эътироф кардани шахс бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.
Моддаи 25. Ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои оилаи молики манзили истиқоматӣ
1. Аъзои оилаи молики манзили истиқоматӣ ҳуқуқ доранд:
1) дар баробари молик манзили истиқоматиро истифода баранд, агар ҳангоми маскун шудани онҳо ба манзили истиқоматии мазкур тартиби дигар муқаррар нашуда бошад;
2) фарзандони ноболиғи худро дар қисми манзили истиқоматии барояшон ҷудонамудаи молики манзили истиқоматӣ маскун намоянд;
3) бо розигии молики (моликони) манзили истиқоматӣ аъзои дигари оилаи худро маскун намоянд.
2. Аъзои оилаи молики манзили истиқоматӣ ҳангоми истифодабарии манзили истиқоматӣ уҳдадоранд талаботи пешбининамудаи қисмҳои 3 ва 4 моддаи 23 Кодекси мазкурро риоя намоянд.
Моддаи 26. Аз хона кӯчонидани аъзои оилаи молики манзили истиқоматӣ ва шахсони дигаре, ки ҳуқуқи истифодабарии манзили истиқоматиашон қатъ гардидааст ё шахсоне, ки қоидаҳои истифодабарии манзили истиқоматиро риоя намекунанд
1. Дар сурати қатъ гардидани ҳуқуқи истифодабарии манзили истиқоматии аъзои оилаи молики манзили истиқоматӣ ва шахсони дигар бо асосҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур, дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартнома ё дар асоси санади судӣ онҳо уҳдадоранд истифодабарии манзили истиқоматии дахлдорро қатъ карда, онро холӣ намоянд. Агар ҳамин шахсон дар муҳлати муқаррарнамудаи молик хонаи истиқоматиро холӣ накунанд, онҳо бо талаби молики манзили мазкур бо тартиби судӣ аз хона кӯчонида мешаванд.
2. Агар ҳамин шахсон мунтазам ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии истиқоматкунандагони дигар ҳамсояҳоро вайрон кунанд, инчунин манзили истиқоматиро ғайримақсаднок истифода баранд ва (ё) дар пардохти хароҷоти нигоҳдорӣ ва истифодабарии манзили истиқоматӣ ва ё молу мулки умумӣ дар бинои бисёрхонагӣ иштирок накунанд, молики манзили истиқоматӣ ҳуқуқ дорад онҳоро дар бораи қатъ намудани чунин амалҳо огоҳ намояд. Агар амалҳои зикргардида боиси вайрон ё хароб шудани манзили истиқоматӣ гарданд, молики манзили истиқоматӣ ҳуқуқ дорад ба ҳамин шахсон муҳлати муайянро барои гузаронидани таъмири манзили истиқоматӣ пешниҳод намояд. Агар онҳо баъд аз огоҳии молики манзили истиқоматӣ амалҳои зикргардидаро идома диҳанд ё бе сабабҳои узрнок таъмири заруриро нагузаронанд, бо талаби молики манзили истиқоматӣ бо тартиби судӣ аз хона кӯчонида мешаванд.
БОБИ 6. ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТИ УМУМИИ МОЛИКОНИ МАНЗИЛ
Моддаи 27. Молу мулки умумӣ дар бинои бисёрхонагӣ ва ҳудуди назди бино
1. Молу мулки умумӣ дар бинои бисёрхонагии манзили истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии ҳамин бино ба моликон дар асоси ҳуқуқи моликияти умумӣ тааллуқ доранд ва онҳо ба ин молу мулк ҳуқуқи баробар доранд.
2. Моликони манзили бинои бисёрхонагӣ ҳудуди назди биноро якҷоя истифода мебаранд. Сарҳад ва андозаи ҳудуди назди бино, муносибатҳо вобаста ба ҳуқуқи истифодаи умумии ҳудуди назди бино аз ҷониби моликони манзили бинои мазкур мутобиқи талаботи қонунгузории замин ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
Моддаи 28. Ҳиссаи молики манзили бинои бисёрхонагӣ дар ҳуқуқи моликияти ҳиссагӣ ба молу мулки умумӣ дар ин бино
1. Ҳиссаи молики манзили бинои бисёрхонагӣ дар ҳуқуқи моликияти ҳиссагӣ ба молу мулки умумӣ дар ин бино ба андозаи масоҳати умумӣ дар манзили ба ӯ тааллуқдошта мутаносиб мебошад.
2. Молу мулки умумӣ дар алоҳидагӣ аз ҳуқуқи моликон ба бино бегона карда намешаванд.
ФАСЛИ III. ИДОРАКУНИИ ФОНДИ МАНЗИЛ
БОБИ 7. АСОСҲОИ ИДОРАКУНИИ ФОНДИ МАНЗИЛ
Моддаи 29. Идоракунии фонди манзил
1. Идоракунии фонди манзил бо мақсади истифодабарӣ ва таъмини нигоҳдошти он аз ҷониби моликони дахлдор амалӣ карда мешавад. Молик ҳуқуқ дорад идоракуниро мустақилона ба амал барорад, бо шартнома уҳдадориҳо ё як қисми онҳоро вобаста ба идоракунӣ ба ташкилоти идоракунанда диҳад, идоракуниро бо дигар тарз, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташкил намояд.
2. Идоракунии фонди манзил бояд шароити барои истиқомати шаҳрвандон мусоид ва бехатар, нигоҳдории мувофиқи манзилҳои истиқоматӣ, молу мулки умумӣ дар бинои бисёрхонагӣ, ҳудудҳои назди хона ва ҳалли масъалаҳои истифодаи молу мулки зикргардидаро таъмин намояд.
3. Нигоҳдорӣ, хизматрасонӣ, истифодабарӣ ва таъмири фонди манзил бо риояи қоида ва меъёрҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ карда мешаванд.
4. Маблағгузории хароҷот барои идоракунии фонди манзил аз ҳисоби моликони дахлдор амалӣ карда мешавад, агар Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.
Моддаи 30. Субъектҳои идоракунии фонди манзил
Идоракунии фонди манзил аз ҷониби субъектҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) фонди манзили ҷумҳуриявӣ - аз ҷониби мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ;
2) фонди манзили коммуналӣ - аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор;
3) фонди манзиле, ки дар ихтиёри мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қарор дорад - аз ҷониби ҳамин мақомот;
4) фонди манзили хусусӣ, ки ба шахсони ҳуқуқӣ тааллуқ дорадаз ҷониби ҳамин шахсон;
5) фонди манзили хусусӣ, ки ба шаҳрвандон тааллуқ дорад - аз ҷониби худи онҳо;
6) фонди манзили иборат аз бинои бисёрхонагӣ дар қисмати нигоҳдорӣ ва истифодаи молу мулки умумӣ ва ҳудуди назди бинотибқи моддаи 32 Кодекси мазкур.
Моддаи 31. Иштироки иттифоқҳои касаба ва мақомоти дигари намояндагии кормандони корхона, муассиса ва ташкилоти дигар дар идоракунии фонди манзили давлатию ҷамъиятӣ
Иттифоқҳои касаба ва мақомоти дигари намояндагии кормандони корхона, муассиса ва ташкилоти дигар дар идоракунии фонди манзили давлатию ҷамъиятӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Моддаи 32. Интихоби тарзи идоракунии бинои бисёрхонагӣ
1. Идоракунии бинои бисёрхонагӣ бо тарзҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) идоракунии бевосита аз ҷониби моликони манзил дар бинои бисёрхонагӣ;
2) идоракунӣ аз ҷониби ширкати моликони манзил ё кооперативи манзил;
3) идоракунӣ аз ҷониби ташкилоти идоракунанда.
2. Моликони манзилҳо дар бинои бисёрхонагӣ уҳдадоранд яке аз тарзҳои идоракунии дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардидаро интихоб намоянд.
3. Тарзи идоракунии бинои бисёрхонагӣ дар маҷлиси умумии моликони манзили ҳамин хона муайян карда шуда, ҳар вақт метавонад дар асоси қарори он, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур, тағйир дода шавад.
4. Қарори маҷлиси умумии моликони манзил дар бинои бисёрхонагӣ дар бораи интихоб намудани тарзи идоракунӣ барои ҳамаи моликони манзили ҳамин хона ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 33. Маҷлиси умумии моликони манзил дар бинои бисёрхонагӣ
Маҷлиси умумии моликони манзил дар бинои бисёрхонагӣ мақоми идоракунии бинои бисёрхонагӣ мебошад. Ба салоҳияти маҷлиси умумии моликони манзил дар бинои бисёрхонагӣ мансубанд:
1) қабули қарор дар бораи азнавсозии бинои бисёрхонагӣ (аз ҷумла бо васеъшавӣ ва болосохти он), сохтмони иморатҳои ёрирасони хоҷагӣ ва дигар бино, иншоот, таъмири молу мулки умумӣ дар бинои бисёрхонагӣ;
2) қабули қарор оид ба истифодаи ҳудуди назди хона, аз ҷумла тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани маҳдудияти истифодаи он;
3) қабули қарор дар бораи ба истифодабарӣ додани молу мулки умумӣ дар бинои бисёрхонагӣ;
4) интихоби тарзи идоракунии бинои бисёрхонагӣ;
5) масъалаҳои дигаре, ки тибқи Кодекси мазкур ба салоҳияти маҷлиси умумии моликони манзил дар бинои бисёрхонагӣ мансубанд.
БОБИ 8. ИДОРАКУНИИ БЕВОСИТАИ БИНОИ БИСЁРХОНАГӢ
Моддаи 34. Идоракунии бевоситаи бинои бисёрхонагӣ аз ҷониби моликони манзил
1. Ҳангоми идоракунии бевоситаи бинои бисёрхонагӣ аз ҷониби моликони манзил шартномаҳои хизматрасонӣ оид ба нигоҳдорӣ ва (ё) иҷрои корҳо доир ба таъмири молу мулки умумӣ бо шахсоне, ки намудҳои дахлдори фаъолиятро амалӣ менамоянд, дар асоси қарори маҷлиси умумии моликони манзили зикргардида баста мешаванд. Дар ин ҳолат ҳамаи ё аксари моликони манзил ба сифати як тарафи шартномаҳои басташуда баромад мекунанд.
2. Дар асоси қарори маҷлиси умумии моликони манзили бинои бисёрхонагӣ, ки идоракунии бевоситаи ин хонаро амалӣ менамоянд, шӯрои бинои бисёрхонагӣ ва раиси он интихоб карда мешаванд, ки ҳуқуқ доранд дар муносибат бо шахсони сеюм онҳоро намояндагӣ кунанд.
Моддаи 35. Шӯрои бинои бисёрхонагӣ
1. Агар дар бинои бисёрхонагӣ ширкати моликони манзил ташкил карда нашуда бошад ва ё бинои мазкур аз ҷониби кооперативи манзил ё ширкати идоракунанда идора карда нашавад, моликони хонаҳои бинои мазкур дар маҷлиси умумиашон уҳдадоранд шӯрои бинои бисёрхонагиро аз ҳайати моликони манзили бинои мазкур интихоб намоянд.
2. Шӯрои бинои бисёрхонагӣ дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё мақомоти дигар ба қайд гирифта намешавад.
3. Шумораи аъзои шӯрои бинои бисёрхонагӣ дар маҷлиси умумии моликони манзили бинои бисёрхонагӣ муайян карда мешавад. Агар бо қарори маҷлиси умумии моликони манзили бинои бисёрхонагӣ тартиби дигар муқаррар нашуда бошад, шумораи аъзои шӯрои бинои бисёрхонагӣ бо назардошти шумораи даромадгоҳҳо ва ошёнаҳои хонаҳо дар бинои мазкур муқаррар карда мешавад.
Моддаи 36. Шартномаҳои хизматрасонӣ ба бинои бисёрхонагӣ
1. Шартномаи хизматрасонии оби гарм, оби хунук, рафъи обҳои партов, таъмини қувваи барқ, таъмини газ (аз ҷумла таҳвили гази маишӣ дар лӯлаҳо), гармӣ (таъмини гармӣ, аз ҷумла таҳвили сӯзишвории сахт ҳангоми доштани печҳои гармшаванда), кашонидани партовҳои маишӣ бо ҳар як молики манзил, ки ҳуқуқи идоракунии бевоситаи бинои бисёрхонагиро дорад, баста мешавад.
2. Шартномаи хизматрасонӣ ва ё иҷрои корҳо бо мақсади нигаҳдории дахлдори маҷмӯи таҷҳизоти муҳандисии дохили хона ва ё иҷрои корҳо оид ба истифодабарӣ, аз ҷумла оид ба хизматрасониҳо ва таъмири лифтҳо, саҳни даромадгоҳҳо барои маъюбон ва ё иҷрои корҳои хизматрасониҳои садамавию танзимгарӣ (диспетчерӣ), аз тарафи моликони манзили бинои бисёрхонагӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори соҳаи хоҷагию коммуналӣ баста мешавад.
БОБИ 9. ИДОРАКУНИИ БИНОИ БИСЁРХОНАГӢ АЗ ҶОНИБИ ШИРКАТИ МОЛИКОНИ МАНЗИЛ
Моддаи 37. Ширкати моликони манзил
1. Моликони манзили як бинои бисёрхонагӣ метавонанд танҳо як ширкати моликони манзилро таъсис диҳанд. Қарор оид ба таъсиси ширкати моликони манзил ҳамон вақт қабулгардида ҳисоб мешавад, ки агар ба тарафдории он зиёда аз 50 фоизи моликони манзил ё намояндагони онҳо овоз дода бошанд.
2. Ширкати моликони манзилро дар ҳолати ба ду ва ё зиёда молик тааллуқ доштани хонаҳо дар бинои бисёрхонагӣ таъсис додан мумкин аст. Ширкати моликони манзил метавонад дар як ё якчанд бинои бисёрхонагӣ, ки бо шабакаҳои умумии муҳандисӣ ва унсурҳои дигари инфрасохторӣ пайвастаанд, таъсис дода шавад.
3. Ширкати моликони манзил аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, дорои муҳр, суратҳисоб ва ҳисобҳои дигар дар бонкҳо мебошад.
4. Бақайдгирии давлатии ширкати моликони манзили бинои бисёрхонагӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" амалӣ мегардад.
5. Ширкати моликони манзил дар асоси оиннома амал мекунад. Оинномаи ширкати моликони манзил ном, суроға, мақсадҳои таъсисёбӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳо, сохтор, ваколатҳо ва тартиби ташкили мақомоти идоракунӣ ва комиссияи тафтишотӣ, муҳлати ваколати онҳо, тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани ширкатро дар бар мегирад. Дар оиннома муқаррароти дигар, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набуда, ба фаъолияти ширкати моликони манзил дахл доранд, пешбинӣ шуда метавонанд. Оинномаи ширкати моликони манзил дар маҷлиси умумӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 33 Кодекси мазкур гузаронида мешавад, бо аксарияти овозҳо аз шумораи умумии овозҳои моликони манзили бинои бисёрхонагӣ қабул мегардад.
6. Ширкати моликони манзил бе маҳдудияти муҳлати фаъолият ташкил мегардад, агар дар оинномаи ширкат тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
7. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ширкати моликони манзил дар асос ва тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ карда мешавад.
8. Ширкати моликони манзил аз рӯи уҳдадориҳои худ ба тамоми молу мулки ба он тааллуқдошта ҷавобгар мебошад. Ширкати моликони манзил аз рӯи уҳдадориҳои аъзои ширкат ҷавобгар нест. Аъзои ширкати моликони манзил аз рӯи уҳдадориҳои ширкат ҷавобгар намебошанд.
Моддаи 38. Узвият дар ширкати моликони манзил
1. Узвият дар ширкати моликони манзили бинои бисёрхонагӣ дар асоси аризаи молик барои дохил шудан ба ширкати мазкур ба вуҷуд меояд.
2. Агар дар бинои бисёрхонагӣ ширкати моликони манзил таъсис дода шуда бошад, шахсоне, ки дар ин бино хона ба даст меоранд, ҳуқуқ доранд баъд аз ба вуҷуд омадани ҳуқуқи моликият ба хона аъзои ширкат шаванд.
3. Узвият дар ширкати моликони манзил аз рӯзи пешниҳод намудани ариза дар бораи баромадан аз узвияти ширкат ё аз рӯзи қатъ гардидани ҳуқуқи моликияти узви ширкат ба хона дар бинои бисёрхонагӣ қатъ мегардад.
4. Моликони манзил дар бинои бисёрхонагӣ, ки аъзои ширкати моликони манзили дар ҳамин бино таъсисдодашуда нестанд, дорои ҳамаи ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои ширкат, ба ғайр аз ҳуқуқи овоз додан ва ба мақомоти идоракунии ширкат интихоб шудан, мебошанд. Пардохтҳо аз ҷониби чунин моликон барои нигоҳдошт ва истифодабарии молу мулки умумӣ ба андозаи аъзоҳаққии тасдиқнамудаи ширкат барои аъзои он муайян карда мешаванд ва дар ҳамаи мавридҳо ба аъзоҳаққӣ баробар ҳисобида мешаванд.
Моддаи 39. Мақомоти идоракунии ширкати моликони манзил ва ваколатҳои онҳо
1. Мақомоти идоракунии ширкати моликони манзил маҷлиси умумии моликони манзил ва раёсати ширкат мебошанд.
2. Маҷлиси умумии моликони манзил мақоми олии идоракунии ширкат мебошад ва бо тартиби муқаррарнамудаи оинномаи ширкат даъват карда мешавад. Ваколатҳои маҷлиси умумии моликони манзил мутобиқи моддаи 33 Кодекси мазкур ва оинномаи ширкат муқаррар карда мешаванд. Маҷлиси умумии моликони манзил дар сурате босалоҳият аст, ки агар дар он зиёда аз нисфи аъзои ширкат ё намояндаҳои онҳо ҳузур дошта бошанд.
3. Қарорҳои маҷлиси умумии моликони манзил, ки дар асоси Кодекси мазкур қабул шудаанд, барои ҳамаи моликони манзили бинои бисёрхонагии дахлдор, аз ҷумла барои онҳое, ки аъзои ширкат нестанд, ҳатмӣ мебошанд.
4. Мақомоти иҷроияи ширкати моликони манзил, ки ба маҷлиси умумии аъзои ширкат ҳисоботдиҳанда аст, раёсат мебошад. Раёсати ширкати моликони манзил ҳуқуқ дорад, ки аз рӯи ҳамаи масъалаҳои фаъолияти ширкат қарор қабул намояд, ба истиснои масъалаҳое, ки ба салоҳияти маҷлиси умумии моликони манзили бинои бисёрхонагӣ ва салоҳияти маҷлиси умумии аъзои ширкати моликони манзил мансубанд. Раёсати ширкати моликони манзил аз ҷониби маҷлиси умумии аъзои ширкат аз ҳисоби аъзои он ба муҳлате интихоб карда мешавад, ки дар оинномаи ширкат муқаррар карда шудааст, вале на зиёда аз ду сол. Раёсати ширкати моликони манзил аз ҳайати худ раиси ширкатро интихоб мекунад.
5. Ҷаласаи раёсати ширкати моликони манзил аз ҷониби раис дар муҳлатҳои бо оинномаи ширкат муқарраршуда даъват карда мешавад.
Моддаи 40. Ҳуқуқу уҳдадориҳои ширкати моликони манзил
1. Ширкати моликони манзил ҳуқуқ дорад:
1) шартномаи идоракунии бинои бисёрхонагӣ, инчунин шартномаҳо оид ба нигоҳдорӣ ва таъмири молу мулки умумии бинои бисёрхонагӣ ва шартномаҳои дигарро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати аъзои ширкат бандад;
2) харҷномаи (сметаи) даромад ва хароҷоти солона, аз ҷумла хароҷоти заруриро барои нигоҳдорӣ ва таъмири молу мулки умумии бинои бисёрхонагӣ, хароҷот барои таъмири асосӣ ва азнавсозии бинои бисёрхонагӣ, ҳаққи узвияти ҳатмӣ, ҷудокунӣ ба фонди захиравӣ, инчунин хароҷот ба мақсадҳои дигари муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва оинномаи ширкатро муайян намояд;
3) дар асоси харҷномаи (сметаи) қабулшудаи даромад ва хароҷоти солонаи ширкат андозаи аъзоҳаққӣ барои ҳар як молики манзил дар бинои бисёрхонагӣ мувофиқи ҳиссаи ӯ дар ҳуқуқи моликияти ҳиссагиро ба молу мулки умумии бинои бисёрхонагӣ муқаррар намояд;
4) корҳоро барои моликони манзили бинои бисёрхонагӣ иҷро намояд ва ба онҳо хизмат расонад;
5) аз рӯи шартнома ба шахсони дигаре, ки барои ширкат корҳоро иҷро менамоянд ва ба ширкат хизмат мерасонанд, воситаҳои моддӣ ва пулӣ диҳад;
6) шартномаҳои нигоҳдорӣ ва таъмири молу мулки умумии бинои бисёрхонагӣ бо моликони манзили бинои бисёрхонагиро, ки аъзои ширкат намебошанд, бандад;
7) фаъолияти дигарро ба манфиати моликони манзилҳо, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад, амалӣ намояд.
2. Ширкати моликони манзил уҳдадор аст:
1) иҷрои талаботи Кодекси мазкур, муқаррароти дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оинномаи ширкатро таъмин намояд;
2) уҳдадориҳои шартномавиро бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намояд;
3) ҳолати мувофиқатии санитарию техникии молу мулки умумӣ дар бинои бисёрхонагиро таъмин намояд;
4) аз ҷониби ҳамаи моликони манзили бинои бисёрхонагӣ иҷро намудани уҳдадориҳоро оид ба нигоҳдорӣ ва таъмири молу мулки умумӣ дар бинои бисёрхонагӣ мувофиқи ҳиссаи онҳо дар ҳуқуқи моликияти ҳиссагӣ ба молу мулки мазкур таъмин намояд;
5) риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии моликони манзили бинои бисёрхонагиро ҳангоми муқаррар намудани шарт ва тартиби соҳибӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдории молу мулки умумӣ таъмин намояд;
6) барои пешгирӣ ё қатъ намудани амалҳои шахсони сеюм, ки татбиқи ҳуқуқҳои соҳибӣ, истифодабарӣ ва дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёрдорӣ кардани молу мулки умумиро аз ҷониби моликони манзили бинои бисёрхонагӣ мушкил мекунанд ё ба он монеагӣ мекунанд, чораҳои зарурӣ андешад;
7) манфиатҳои қонунии моликони манзилро дар бинои бисёрхонагӣ, аз ҷумла дар муносибат бо шахсони сеюм, намояндагӣ кунад.
БОБИ 10. ИДОРАКУНИИ БИНОИ БИСЁРХОНАГӢ АЗ ҶОНИБИ ТАШКИЛОТИ ИДОРАКУНАНДА
Моддаи 41. Ташкилоти идоракунанда
1. Барои идоракунии бинои бисёрхонагӣ мумкин аст ташкилоти идоракунанда ҷалб карда шавад. Талаботро нисбат ба ташкилоти идоракунанда мақоми ваколатдори давлатӣ муайян мекунад.
2. Ташкилоти идоракунанда дар асоси шартнома бо моликони дахлдор хизматрасониҳоро оид ба нигоҳдорӣ ва истифодабарии манзилҳои истиқоматии бинои бисёрхонагӣ, молу мулки умумӣ дар бинои бисёрхонагӣ ва ҳудудҳои назди хона бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.
3. Идоракунии бинои бисёрхонагӣ танҳо аз ҷониби як ташкилоти идоракунанда амалӣ карда мешавад.
Моддаи 42. Шартномаи идоракунии бинои бисёрхонагӣ
1. Идоракунии бинои бисёрхонагӣ аз ҷониби ташкилоти идоракунанда дар асоси шартномаи идоракунии бинои бисёрхонагӣ амалӣ карда мешавад.
2. Шартномаи идоракунии бинои бисёрхонагӣ дар шакли хаттӣ баста мешавад. Ҳангоми интихоби ташкилоти идоракунанда аз ҷониби маҷлиси умумии моликони манзили бинои бисёрхонагӣ бо ҳар як молики хона дар чунин бино шартномаи идоракунӣ бо шартҳое, ки дар қарори маҷлиси умумии мазкур зикр гардидаанд, баста мешавад.
3. Дар шартномаи идоракунии бинои бисёрхонагӣ бояд инҳо нишон дода шаванд:
1) таркиби молу мулки умумӣ ва суроғаи бинои бисёрхонагӣ;
2) номгӯи хизматрасониҳо, корҳо вобаста ба нигоҳдорӣ ва таъмири молу мулки умумӣ дар бинои бисёрхонагӣ, тартиби тағйир додани ин номгӯй, инчунин номгӯи хизматрасониҳои дигар, ки ташкилоти идоракунанда анҷом медиҳад;
3) тартиби муқаррар намудани андоза ва тарзи пардохт барои хизматрасониҳо, корҳо вобаста ба нигоҳдорӣ ва таъмири молу мулки умумӣ дар бинои бисёрхонагӣ ва ҳудуди назди хона;
4) тартиби амалӣ намудани назорати рафти иҷрои уҳдадориҳо.
4. Шартҳои шартномаи идоракунии бинои бисёрхонагӣ барои ҳамаи моликони манзили бинои мазкур якхел мебошанд. Андозаи пардохти маблағ аз рӯи шартномаи идоракунӣ байни моликони манзили бинои бисёрхонагӣ бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур тақсим карда мешавад.
5. Шартномаи идоракунии бинои бисёрхонагӣ ба муҳлати на камтар аз як сол ва на зиёда аз панҷ сол баста мешавад.
6. Агар шартномаи идоракунии бинои бисёрхонагӣ тартиби дигарро муқаррар накарда бошад, ташкилоти идоракунанда ҳар сол дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба моликони манзили бинои бисёрхонагӣ ҳисобот оид ба иҷрои шартномаи идоракунӣ барои соли гузаштаро пешниҳод менамояд.
Моддаи 43. Тағйир додан ва (ё) бекор кардани шартномаи идоракунии бинои бисёрхонагӣ
1. Тағйир додан ва (ё) бекор кардани шартномаи идоракунии бинои бисёрхонагӣ бо тартиби пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
2. Агар ташкилоти идоракунанда шартҳои шартномаро иҷро накунад, моликони манзили бинои бисёрхонагӣ дар асоси қарори маҷлиси умумии моликони манзил ҳуқуқи яктарафа рад кардани иҷрои шартномаи идоракунии бинои бисёрхонагиро доранд.
3. Ташкилоти идоракунанда дар давоми 30 рӯзи пас аз қатъ гардидани шартномаи идоракунии бинои бисёрхонагӣ уҳдадор аст ҳуҷҷатҳои техникии бинои бисёрхонагӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари ба идоракунии ҳамин бино вобастаро ба ташкилоти идоракунандаи нав интихобшуда ё ба раёсати ширкати моликони манзил ё кооперативи манзил ё дар ҳолати идоракунии бевоситаи хона аз ҷониби моликони манзил ба яке аз моликон, ки дар қарори маҷлиси умумии моликони мазкур оид ба интихоби тарзи идоракунии бевоситаи хона зикр карда шудааст, супорад.
Моддаи 44. Тартиби гузаронидани озмуни кушода оид ба интихоб намудани ташкилоти идоракунанда
1. Агар аз ҷониби моликони манзилҳои бинои бисёрхонагӣ тарзи идоракунии он интихоб нашуда бошад ё қарори қабулнамуда дар бораи интихоби тарзи идоракунии хонаи мазкур амалӣ нагардида бошад, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба интихоб намудани ташкилоти идоракунандаи ин хона озмуни кушода мегузаронад.
2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар давоми 10 рӯзи пас аз санаи гузаронидани озмуни кушода оид ба интихоб намудани ташкилоти идоракунанда ҳамаи моликони манзили бинои бисёрхонагиро аз натиҷаи озмун огоҳ менамояд. Моликони манзили бинои бисёрхонагӣ уҳдадоранд, ки шартномаи идоракунии ин хонаро бо ташкилоти идоракунандаи дар натиҷаи озмуни кушода интихобшуда бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 42 Кодекси мазкур банданд.
3. Агар озмуни кушода оид ба интихоб намудани ташкилоти идоракунандаи бинои бисёрхонагӣ бо вайрон намудани талаботи Кодекси мазкур гузаронида шуда бошад, моликони (молики) манзили бинои мазкур ҳуқуқ доранд барои беэътибор донистани натиҷаҳои озмуни зикргардида ба суд муроҷиат намоянд.
4. Агар озмуни кушода оид ба интихоб намудани ташкилоти идоракунандаи бинои бисёрхонагӣ баргузорнашуда эътироф шавад, он дар давоми се моҳи оянда такроран гузаронида мешавад.
ФАСЛИ IV. МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТИИ ФОНДИ МАНЗИЛИ ДАВЛАТӢ
БОБИ 11. ДОДАНИ МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ ТИБҚИ ШАРТНОМАИ КИРОЯИ ИҶТИМОӢ
Моддаи 45. Тартиби додани манзилҳои истиқоматӣ тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ
1. Манзилҳои истиқоматии фонди манзили давлатӣ тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба манзили истиқоматӣ эҳтиёҷ доранд ва дар маҳалли аҳолинишини мазкур доимӣ истиқомат ё кор мекунанд, барои истифодабарӣ дода мешаванд.
2. Манзилҳои истиқоматии фонди манзили давлатӣ тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ дар шакли манзили истиқоматии алоҳида дода мешаванд. Андозаи масоҳати умумии манзили истиқоматии додашаванда тибқи меъёри муқаррарнамудаи моддаи 53 Кодекси мазкур бо назардошти ҳуқуқ ба масоҳати истиқоматии иловагии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 46. Ташаккули фонди манзили истифодаи иҷтимоӣ
1. Фонди манзили истифодаи иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағу воситаҳои коммуналӣ ва (ё) ҷумҳуриявӣ, маблағу воситаҳои ташкилотҳои хусусии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, хайрияҳо ташкил меёбад.
2. Молики манзили истиқоматии хусусӣ метавонад дар асоси шартнома манзилро ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои истифода ҳамчун манзили иҷтимоӣ супорад.
3. Тартиби ташаккули фонди манзили давлатии иҷтимоиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Моддаи 47. Эътирофи шаҳрвандони эҳтиёҷманд, ки тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ ба онҳо манзили истиқоматӣ дода мешавад
1. Шаҳрвандони эҳтиёҷманд, ки тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ ба онҳо манзили истиқоматӣ дода мешавад, инҳо мебошанд:
1) шаҳрвандоне, ки кироягири манзилҳои истиқоматӣ аз рӯи шартномаи кирояи иҷтимоӣ ё моликони хонаи истиқоматӣ ё хона дар бинои бисёрхонагӣ нестанд;
2) шаҳрвандоне, ки кироягири манзилҳои истиқоматӣ тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ ё аъзои оилаи чунин кироягир ё моликони хонаи истиқоматӣ, хона дар бинои бисёрхонагӣ ё аъзои оилаи молики манзили истиқоматӣ мебошанд, агар масоҳати умумии манзили истиқоматии ишғолнамудаашон барои як нафар аъзои оила аз меъёри пешбининамудаи моддаи 53 Кодекси мазкур камтар бошад;
3) шаҳрвандоне, ки дар манзилҳои истиқоматии ба талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯнабуда истиқомат мекунанд;
4) шаҳрвандоне, ки кироягири манзилҳои истиқоматӣ тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ ё аъзои оилаи чунин кироягир ё моликони хонаи истиқоматӣ, хона дар бинои бисёрхонагӣ ё аъзои оилаи молики хонаи истиқоматӣ, хона дар бинои бисёрхонагӣ буда, дар хонае истиқомат мекунанд, ки аз ҷониби якчанд оила ишғол шудааст ва дар он шахси гирифтори бемории вазнини музмин истиқомат дошта, истиқомати якҷоя бо ӯ дар як хона имконнопазир мебошад ва онҳо дигар манзили истиқоматӣ надошта бошанд. Номгӯи чунин бемориҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
2. Агар аъзои як оила аз якчанд манзили истиқоматии тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ додашуда ва (ё) дар асоси ҳуқуқи моликият ба онҳо тааллуқдоштаро истифода баранд, сатҳи таъминнокии онҳо бо манзили истиқоматӣ аз рӯи масоҳати умумии тамоми манзилҳои истиқоматии зикргардида муайян карда мешавад.
Моддаи 48. Баҳисобгирии шаҳрвандони эҳтиёҷманд, ки тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ ба онҳо манзили истиқоматӣ дода мешавад
1. Манзилҳои истиқоматӣ тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ ба шаҳрвандоне дода мешаванд, ки ҳамчун эҳтиёҷманд ба манзили истиқоматӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба ҳисоб гирифта шудаанд.
2. Шаҳрвандони эҳтиёҷманд аз рӯи маҳалли зист дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти дахлдор ба ҳисоб гирифта мешаванд.
3. Шаҳрвандоне, ки мутобиқи муқаррароти моддаҳои 45 ва 47 Кодекси мазкур ба манзили истиқоматӣ эҳтиёҷманд эътироф шудаанд, ба рӯйхатҳо барои гирифтани манзили истиқоматӣ тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ дохил карда мешаванд. Агар шаҳрванд барои дар рӯйхатҳои зикргардида дохил шудан аз рӯи якчанд асос ҳуқуқ дошта бошад, ӯ метавонад аз рӯи яке аз ин асосҳо ё аз рӯи ҳамаи асосҳо ба ҳисоб гирифта шавад.
4. Баҳисобгирии шаҳрвандони эҳтиёҷманд ба манзили истиқоматӣ, ки тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ дода мешавад, мутобиқи муқаррароти моддаи 50 Кодекси мазкур амалӣ мегардад.
Моддаи 49. Баҳисобгирии шаҳрвандони эҳтиёҷманд ба манзили истиқоматӣ дар ҷойи кор
1. Шаҳрвандони эҳтиёҷманд ба манзили истиқоматӣ, ки дар корхонаю муассиса ва ташкилотҳои дорои фонди манзил кор мекунанд, метавонанд дар ҷойи кор ба ҳисоб гирифта шаванд.
2. Шаҳрандоне, ки бо сабаби ба нафақа баромадан аз корхона, муассиса ва ташкилот аз кор рафтаанд, дар баробари кормандони ташкилотҳои мазкур ба ҳисоб гирифта мешаванд.
3. Баҳисобгирии як аъзои оила дар ҷойи кор ба аъзои дигари оила барои бо хоҳиши худ дар ҷойи кор ба рӯйхати эҳтиёҷмандони манзили истиқоматӣ ба қайд гирифтанашон монеъ шуда наметавонад.
4. Ба аъзои оилаи шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ва (ё) бемории касбӣ ҳалок гардидаанд, агар онҳо қаблан дар рӯйхати эҳтиёҷмандони манзили истиқоматӣ дохил шуда бошанд, ҳуқуқи эҳтиёҷманд буданашон барои гирифтани манзили истиқоматӣ нигоҳ дошта мешавад.
5. Шаҳрвандоне, ки пас аз адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ба ҷойи кори пештараашон баргаштаанд, барои гирифтани манзили истиқоматӣ ҳуқуқ доранд, агар онҳо қаблан дар рӯйхати эҳтиёҷмандони манзили истиқоматӣ дохил шуда бошанд.
Моддаи 50. Тартиби баҳисобгирии шаҳрвандони эҳтиёҷманд ба манзили истиқоматӣ, ки тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ дода мешавад
1. Аризаи шаҳрвандон дар бораи баҳисобгирии онҳо ҳамчун эҳтиёҷманд ба манзили истиқоматӣ, ки тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ дода мешавад, дар давоми як моҳ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти дахлдор, дар ҷойи кор бошад, аз ҷониби маъмурият ва иттифоқҳои касаба, дигар мақомоти намояндагии кормандони корхонаю муассиса ва ташкилот баррасӣ гардида, аз натиҷааш ба аризадиҳандагон дар шакли хаттӣ хабар дода мешавад.
2. Номгӯй ва шакли ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои баҳисобгирии шаҳрвандони эҳтиёҷманд ба манзили истиқоматӣ, ки тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ дода мешаванд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
3. Баҳисобгирии шаҳрвандони эҳтиёҷманд ба манзили истиқоматӣ, ки тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ дода мешавад, мувофиқи рӯйхатҳо дар шакли муқарраргардида сурат гирифта, онҳо ба маълумоти умум расонида мешаванд ва ҳар сол аниқ карда мешаванд.
4. Баҳисобгирии шаҳрвандони қобилияти амалашон маҳдуд дар асоси аризаи аз ҷониби намояндагони қонунии онҳо пешниҳодшуда амалӣ карда мешавад.
Моддаи 51. Бо навбат ба шаҳрвандон додани манзили истиқоматӣ тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ
1. Манзили истиқоматӣ тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ ба шаҳрвандон мувофиқи рӯйхатҳои шаҳрвандони ба манзили истиқоматӣ эҳтиёҷманд бо навбат, аз вақти пешниҳоди ариза ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, дода мешавад.
2. Шаҳрвандони ба рӯйхатҳои мазкур дохилкардашуда ҳуқуқҳои баробар доранд.
Моддаи 52. Бенавбат додани манзили истиқоматӣ тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ
Манзили истиқоматӣ тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ бенавбат ба шаҳрвандони эҳтиёҷманди зерин дода мешавад:
1) собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
2) шаҳрвандоне, ки манзилашон дар натиҷаи офати табиӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомат номувофиқ эътироф гардида, таъмиру азнавсозии он имконнопазир мебошад;
3) ятимони бабалоғатрасида, ки манзили истиқоматӣ надоранд;
4) хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ҳалок шудаанд;
5) ба шаҳрвандони ғайриқонунӣ маҳкумшуда ва сипас сафедкардашуда, ҳангоми ғайриимкон будани баргардонидани манзили истиқоматии пештараашон;
6) ба модароне, ки якбора се ё зиёда аз ин кӯдак таваллуд кардаанд;
7) ба оилаҳое, ки кӯдакони маъюбро тарбия мекунанд;
8) шахсони дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 53. Меъёри додани масоҳати манзили истиқоматӣ тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ
1. Меъёри додани масоҳати манзили истиқоматӣ тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ (минбаъд-меъёри додани манзили истиқоматӣ) андозаи ҳадди ақалли масоҳати манзили истиқоматӣ ба як нафар мебошад, ки аз рӯи он андозаи масоҳати умумии манзили истиқоматии додашаванда муайян мегардад.
2. Меъёри додани манзили истиқоматии аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба сатҳи таъминот бо манзилҳои истиқоматии тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ додашаванда дар ҳудуди дахлдор ва дигар омилҳои муқарраргардида набояд ба ҳар як аъзои оила аз 12 м(2) (дувоздаҳ метри мураббаъ) кам бошад.
3. Манзили истиқоматӣ тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ метавонад аз рӯи масоҳати умумие, ки аз меъёри додани манзили истиқоматӣ зиёд аст, дода шавад, агар чунин манзили истиқоматӣ аз як хона ё як ҳуҷра иборат бошад ё бо дигар асосҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 54. Тартиби додани манзили истиқоматӣ тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ
1. Манзили истиқоматӣ тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ бо қарори раиси шаҳр, ноҳия, ҷамоати шаҳрак ва деҳот дар ҳудуди маҳалли аҳолинишини мазкур ва дар ҷойи кор бошад, бо қарори маъмурияти корхона, муассиса ва ташкилот дар мувофиқа бо иттифоқҳои касаба ё дигар мақомоти намояндагии кормандони ташкилоти мазкур дода мешавад.
2. Ҳангоми додани манзили истиқоматӣ дар як ҳуҷра маскун намудани шахсони гуногунҷинси аз 7-сола боло, ба ғайр аз зану шавҳар, манъ аст.
3. Манзилҳои истиқоматӣ ба маъюбон, пиронсолон, шахсони мубталои бемориҳои дилу рагҳои хунгузар ва дигар бемориҳои вазнин, бо хоҳиши онҳо дар ошёнаҳои поён ё дар хонаҳои лифтдор дода мешаванд.
Моддаи 55. Шаффофият ҳангоми додани манзили истиқоматӣ тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ
1. Рӯйхати шахсоне, ки ба онҳо тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ манзили истиқоматӣ дода мешавад, ба маълумоти умум гузошта мешавад.
2. Дар рӯйхати зикргардида бояд санаи баҳисобгирӣ, ҳайати оила, асосҳои додани манзили истиқоматӣ, суроға ва андозаи масоҳати умумии он нишон дода шаванд.
Моддаи 56. Додани ҳуҷраи холишуда дар хона тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ
1. Агар дар хонае, ки дар он ду ё бештар кироягир тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ истиқомат мекунанд, ҳуҷраи дарун ба дарун бо манзили истиқоматии ишғолкардаи кироягири дигар холӣ шуда бошад, он ба истифодабарии ҳамин кироягир дода мешавад.
2. Ҳуҷраи холишудаи алоҳида дар хонае, ки дар он ду ё бештар кироягир истиқомат мекунанд, ба кироягире дода мешавад, ки андозаи масоҳати умумии истиқоматиаш барои як нафар аз меъёри додани манзили истиқоматии муқарраршуда камтар мебошад (дар чунин ҳолат ҳуқуқ ба масоҳати иловагии истиқоматӣ низ ба инобат гирифта мешавад). Дар сурати набудани чунин шаҳрвандон ҳуҷраи холишуда бо тартиби умумӣ