ҲАМКОРИҲО БО МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ХОРИҶӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД
Аз 26 август – 6 сентябри соли 2019 директори Маркази миллии қонунгузорӣ дар шаҳри Висмари Германия дар академияи тобистона дар мавзӯи «Ҳуқуқи маъмурӣ дар Германия ва Аврупо» иштирок намуд.
Дар академияи тобистона намояндагони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон низ иштирок доштанд.
Омӯзиш тибқи барнома сурат гирифта, таҷрибаи амалишавии ҳуқуқи маъмурӣ дар Германия ва Аврупо ба саҳми шунавандагон пешниҳод гардид.
Бо истифода аз фурсати муносиб Директори Марказ бо Ректори Донишгоҳи Висмар вохӯрда, доир ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ ва дар оянда бастани шартномаи ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.
Аксҳо:



