ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.
Мо шодем, ки Шумо нисбати Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намудед.
Маркази миллии қонунгузорӣ мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2009, №637 таъсис ёфтааст.
Марказ муассисаи давлатии илмию таҳқиқотӣ, иттилоотию таҳлилӣ буда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.
Вазифаҳои асосии Марказ таҳияи консепсияҳои такмили қонунгузорӣ ва лоиҳаҳои қонунҳо, таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳияи пешниҳодот оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани экспертизаи ҳуқуқии лоиҳаи қонунҳо, гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ, гузаронидани таҳқиқотҳои муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии дохилӣ ва хориҷӣ, фаҳмондадиҳии муқаррароти асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва интишори тафсири илмию амалии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Инчунин, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои дигарро низ анҷом медиҳад.
Баҳри амалисозии вазифаҳои болозикр, Марказ потенсиали назарраси эҷодӣ дорад. Аз он ҷумла, дар он 1 нафар доктори илмҳои ҳуқуқ, 7 нафар номзади илмҳои ҳуқуқ ва 10 нафар аспиранту унвонҷӯён фаъолият менамоянд. Ин имкон медиҳад, ки Марказ дар ҷараёни қонунгузорӣ иштирок намуда, барои аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок намудани қонунҳо, мукаммалу мушаххас гардонидани механизми татбиқи онҳо мусоидат намояд.
Сомонаи расмии Марказ бо мақсади таъмини фаъолият, инкишофи низоми давлатии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастрасии бемамониати он ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ташкил ва пеш бурда мешавад.
Бо умеди ҳамкориҳои судманд, директори
Маркази миллии қонунгузорӣ, номзади
илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент
Саидзода Иззатулло Ҳабибулло
Тоҷикӣ