Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Интишори сомонаи «Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (http://mmk.tj)

Асосӣ > МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ «ЗАБОНИ МОДАРӢ – АСОСИ РУШДИ УСТУВОР, ТАҲКИМИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛАТҲО»

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ «ЗАБОНИ МОДАРӢ – АСОСИ РУШДИ УСТУВОР, ТАҲКИМИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛАТҲО»

Ношир: Шамсидинзода Ис... Санаи интишор: Ҷум, 19/02/2021 - 16:00
[1]
19 феврали соли 2021 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи амалисозии Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №647 тасдиқ гардидааст ва бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Забони модарӣ – асоси рушди устувор, таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллатҳо» баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарият ва кормандони Марказ, инчунин олимони соҳаи ҳуқуқ ва забон иштирок намуданд.
Сараввал директори Марказ Саидзода Иззатулло Ҳабибулло баромад намуда зикр доштанд, ки забони модарӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ дар пойдории давлати миллӣ нақши ҳалкунанда дорад. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо фаро расидани шароити мусоид барои инкишоф ва пешрафти забоншиносии миллӣ як зумра имкониятҳои нав ба вуҷуд омаданд. Бахусус, амалисозии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи забон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ ба маротиб афзуд.
Ҳамзамон дар мизи мудаввар аз ҷониби иштирокчиён маърӯзаҳо доир ба мавзӯъҳои мухталифи соҳаи забон, дастовардҳо ва дурнамо, бахусус, нақши забон дар ҳастии миллат, инкишофи қонунгузории миллӣ дар бораи забони давлатӣ, раванд ва падидаи густариши забони миллӣ, забони коргузорӣ ва санадҳои ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони давлатӣ, баъзе аз масъалаҳои танзими ҳуқуқии номгузории маҳалҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодабарии истилоҳоти байналмилалӣ дар қонунгузорӣ ва масоили дигари ба он алоқаманд мавриди таҳлилу баррасии мутахассисони соҳа қарор дода шуданд.
Зикр гардид, ки 21 – феврал Рӯзи байналмилалии забони модарӣ яке аз санаҳое мебошад, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамасола қайд мегардад. Забони модарӣ, аз ҷумла забони тоҷикӣ натанҳо воситаи муошират, балки таъмини таълиму тарбияи фарогир, такягоҳи фарҳанг ва рушди устувор мебошад.
Аз тарафи маърӯзачиён таклифҳои судманд доир ба рушди забони давлатӣ ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта пешниҳод гардиданд.
Дар қисмати музокирот вобаста ба маърӯзаҳои баррасигардида саволу ҷавоб сурат гирифт.
 
Шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии ММҚ
 

Нишонаи номӣ (тег):

  • МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ «ЗАБОНИ МОДАРӢ – АСОСИ РУШДИ УСТУВОР [2]
  • ТАҲКИМИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛАТҲО» [3]

Menu:

  • Конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва семинарҳо [4]
  • Хабарҳо [5]
  • Нигористон [6]
Нигористон: 
  • View the full image [7]
  • View the full image [8]
  • View the full image [9]
  • [10]
  • [11]
  • [12]

Манбаъ:: http://mmk.tj/content/%D0%BC%D0%B8%D0%B7%D0%B8-%D0%BC%D1%83%D0%B4%D0%B0%D0%B2%D0%B2%D0%B0%D1%80-%D0%B4%D0%B0%D1%80-%D0%BC%D0%B0%D0%B2%D0%B7%D3%AF%D0%B8-%C2%AB%D0%B7%D0%B0%D0%B1%D0%BE%D0%BD%D0%B8-%D0%BC%D0%BE%D0%B4%D0%B0%D1%80%D3%A3-%E2%80%93-%D0%B0%D1%81%D0%BE%D1%81%D0%B8-%D1%80%D1%83%D1%88%D0%B4%D0%B8-%D1%83%D1%81%D1%82%D1%83%D0%B2%D0%BE%D1%80-%D1%82%D0%B0%D2%B3%D0%BA%D0%B8%D0%BC%D0%B8-%D1%81%D1%83%D0%BB%D2%B3-%D0%B2%D0%B0-%D0%B2%D0%B0%D2%B3%D0%B4%D0%B0%D1%82%D0%B8?destination=taxonomy/term/728

Пайвандҳо
[1] http://mmk.tj/sites/default/files/field/image/1_5.jpg
[2] http://mmk.tj/tags/%D0%BC%D0%B8%D0%B7%D0%B8-%D0%BC%D1%83%D0%B4%D0%B0%D0%B2%D0%B2%D0%B0%D1%80-%D0%B4%D0%B0%D1%80-%D0%BC%D0%B0%D0%B2%D0%B7%D3%AF%D0%B8-%C2%AB%D0%B7%D0%B0%D0%B1%D0%BE%D0%BD%D0%B8-%D0%BC%D0%BE%D0%B4%D0%B0%D1%80%D3%A3-%E2%80%93-%D0%B0%D1%81%D0%BE%D1%81%D0%B8-%D1%80%D1%83%D1%88%D0%B4%D0%B8-%D1%83%D1%81%D1%82%D1%83%D0%B2%D0%BE%D1%80
[3] http://mmk.tj/tags/%D1%82%D0%B0%D2%B3%D0%BA%D0%B8%D0%BC%D0%B8-%D1%81%D1%83%D0%BB%D2%B3-%D0%B2%D0%B0-%D0%B2%D0%B0%D2%B3%D0%B4%D0%B0%D1%82%D0%B8-%D0%BC%D0%B8%D0%BB%D0%BB%D0%B0%D1%82%D2%B3%D0%BE%C2%BB
[4] http://mmk.tj/main-menu/%D0%BA%D0%BE%D0%BD%D1%84%D1%80%D0%BE%D0%BD%D1%81%D2%B3%D0%BE-%D0%BC%D0%B8%D0%B7%D2%B3%D0%BE%D0%B8-%D0%BC%D1%83%D0%B4%D0%B0%D0%B2%D0%B2%D0%B0%D1%80-%D0%B2%D0%B0-%D1%81%D0%B5%D0%BC%D0%B8%D0%BD%D0%B0%D1%80%D2%B3%D0%BE
[5] http://mmk.tj/main-menu/%D1%85%D0%B0%D0%B1%D0%B0%D1%80%D2%B3%D0%BE
[6] http://mmk.tj/main-menu/%D0%BD%D0%B8%D0%B3%D0%BE%D1%80%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%BE%D0%BD
[7] http://mmk.tj/system/files/Gallery/1_11.jpg
[8] http://mmk.tj/system/files/Gallery/IMG_4679.jpg
[9] http://mmk.tj/system/files/Gallery/3_4.jpg
[10] http://mmk.tj/content/%D0%BC%D0%B8%D0%B7%D0%B8-%D0%BC%D1%83%D0%B4%D0%B0%D0%B2%D0%B2%D0%B0%D1%80-%D0%B4%D0%B0%D1%80-%D0%BC%D0%B0%D0%B2%D0%B7%D3%AF%D0%B8-%C2%AB%D0%B7%D0%B0%D0%B1%D0%BE%D0%BD%D0%B8-%D0%BC%D0%BE%D0%B4%D0%B0%D1%80%D3%A3-%E2%80%93-%D0%B0%D1%81%D0%BE%D1%81%D0%B8-%D1%80%D1%83%D1%88%D0%B4%D0%B8-%D1%83%D1%81%D1%82%D1%83%D0%B2%D0%BE%D1%80-%D1%82%D0%B0%D2%B3%D0%BA%D0%B8%D0%BC%D0%B8-%D1%81%D1%83%D0%BB%D2%B3-%D0%B2%D0%B0-%D0%B2%D0%B0%D2%B3%D0%B4%D0%B0%D1%82%D0%B8#slide-0-field_gallery-1406
[11] http://mmk.tj/content/%D0%BC%D0%B8%D0%B7%D0%B8-%D0%BC%D1%83%D0%B4%D0%B0%D0%B2%D0%B2%D0%B0%D1%80-%D0%B4%D0%B0%D1%80-%D0%BC%D0%B0%D0%B2%D0%B7%D3%AF%D0%B8-%C2%AB%D0%B7%D0%B0%D0%B1%D0%BE%D0%BD%D0%B8-%D0%BC%D0%BE%D0%B4%D0%B0%D1%80%D3%A3-%E2%80%93-%D0%B0%D1%81%D0%BE%D1%81%D0%B8-%D1%80%D1%83%D1%88%D0%B4%D0%B8-%D1%83%D1%81%D1%82%D1%83%D0%B2%D0%BE%D1%80-%D1%82%D0%B0%D2%B3%D0%BA%D0%B8%D0%BC%D0%B8-%D1%81%D1%83%D0%BB%D2%B3-%D0%B2%D0%B0-%D0%B2%D0%B0%D2%B3%D0%B4%D0%B0%D1%82%D0%B8#slide-1-field_gallery-1406
[12] http://mmk.tj/content/%D0%BC%D0%B8%D0%B7%D0%B8-%D0%BC%D1%83%D0%B4%D0%B0%D0%B2%D0%B2%D0%B0%D1%80-%D0%B4%D0%B0%D1%80-%D0%BC%D0%B0%D0%B2%D0%B7%D3%AF%D0%B8-%C2%AB%D0%B7%D0%B0%D0%B1%D0%BE%D0%BD%D0%B8-%D0%BC%D0%BE%D0%B4%D0%B0%D1%80%D3%A3-%E2%80%93-%D0%B0%D1%81%D0%BE%D1%81%D0%B8-%D1%80%D1%83%D1%88%D0%B4%D0%B8-%D1%83%D1%81%D1%82%D1%83%D0%B2%D0%BE%D1%80-%D1%82%D0%B0%D2%B3%D0%BA%D0%B8%D0%BC%D0%B8-%D1%81%D1%83%D0%BB%D2%B3-%D0%B2%D0%B0-%D0%B2%D0%B0%D2%B3%D0%B4%D0%B0%D1%82%D0%B8#slide-2-field_gallery-1406