8 феврали соли 2021 нишасти матбуотии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2020 баргузор гардид, ки дар кори он сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода Шуҳрат ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла матбуот, телевизион ва радио иштирок намуданд.
Дар оғоз Саидзода Иззатулло Ҳабибулло – директори Маркази миллии қонунгузорӣ доир ба фаъолияти Марказ дар соли 2020 гузориши мухтасар пешниҳод карданд.
Зикр гардид, ки вобаста ба таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки яке аз вазифаҳои асосии Марказ ба шумор меравад, баррасии зиёда аз 10 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ идома дода шуд. Бахусус, лоиҳаҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисмҳои 1, 2 ва 3) дар таҳрири нав, Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ»,«Дар бораи шарикии ҳиссагӣ дар сохтмони манзили истиқоматӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» ва дигар лоиҳаҳо.
Соли 2020 Марказ 151 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронид.
Дар ҳамин замина, Марказ баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, барои аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок намудан, мукаммалу мушаххас гардонидани механизми татбиқи қонунҳо ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда 829 таклиф манзур намуд. Таклифҳои пешниҳодгардида барои рушди қонунгузории мухталифи соҳаҳои ҳуқуқ мусоидат хоҳанд кард.
Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади мураттабсозии қонунгузорӣ дар Марказ 97 санади қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инвентаризатсия гузаронида шуданд.
Вобаста ба иҷрои таъминоти ташкилию методологии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Методологияи гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ, Методология оид ба тартиби гузаронидани таҳлили муқоисавии ҳуқуқӣ ва Қоидаҳои намунавии тартиботи дохилии меҳнат дар мақомоту муассисаҳо таҳия гардиданд.
Таҳияи тавсияҳо дар бораи натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ вазифаи дигари Марказ аст, ки баҳри таъмини иҷрои он Тавсияҳо оид ба такмили Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳои замин» ва «Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» омода ва нашр гардиданд.
Дар ин давра, 5 таҳқиқоти муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки натиҷаи таҳлилҳои мазкур дар Маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ» нашр гардиданд.
Фаҳмондадиҳии муқаррароти асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои асосии Марказ буда, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар ин самт баромадҳо тариқи телевизион, радио, матбуоти даврӣ ва сафарҳои хизматӣ ба маҳалҳо ба роҳ монда шуданд.
Бо ҳамин мақсад 4 маротиба сафари хизматӣ ба ноҳияи Ишкошими ВМКБ ташкил гардиданд. Тариқи ВАО, аз ҷумла, телевизион, радио ва матбуот бошад, кормандони Марказ 129 баромад анҷом доданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Марказ 1 маҷмӯи қонунгузорӣ дар соҳаи иттилоот, 5 тафсири қонунҳо, 5 истилоҳоти соҳаи ҳуқуқ тибқи санадҳои қонунгузорӣ ва 6 маводи илмӣ таҳия ва нашр гардиданд.
Дар таҳияи самтҳои афзалиятноки таҳқиқотҳои илмию ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ бошад, 60 мавзӯъҳои дахлдор аз ҷониби Марказ бо забони тоҷикӣ ва русӣ таҳия гардида, дар Сомонаи расмии Марказ ҷойгир карда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ таҳқиқотҳои илмию таҳлилӣ низ гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо кормандони Марказ 64 мақолаи илмӣ ва оммавӣ нашр намуданд.
Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои илмӣ, роҳбарият ва кормандони Марказ дар 65 гурӯҳҳои корӣ ва чорабиниҳои илмӣ иштирок ва баромад доштанд.
Дар самти ба роҳ мондани таъсиси нашрияи чопӣ ва фаъолияти нашриявӣ низ як қатор корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд. Бахусус, бо мақсади нашр намудани мақолаҳои илмии олимони соҳаи ҳуқуқ, маводи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон Маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ» шумораҳои №1 (37), №2 (38), №3 (39) ва №4 (40), 2020 нашр гардиданд.
Ҷиҳати таъмини фаъолият, инкишофи низоми давлатии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомонаи расмии Марказ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет бо суроғаи
www.mmk.tj фаъол мебошад, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз он ройгон истифода бурда, қонунҳо ва дигар маводи ҳуқуқиро дастрас менамоянд.
Махзани қонунгузории Сомонаи расмии Марказ дорои 387 санади қонунгузорӣ ва 15 санади байналмилалӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мебошад.
Омори истифодабарандагони Сомонаи Марказ нишон дод, ки дар соли 2020 – 338 082 (сесаду сию ҳашт ҳазору ҳаштоду ду) нафар аз сомона истифода бурда, 15 951 632 (понздаҳ миллиону нуҳсаду панҷоҳу як ҳазору шашсаду сиюду) маротиба ба саҳифаҳои он ворид шудаанд.
Бори нахсут 17 ноябри соли 2020 Сомонаи расмии Маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ»-и Марказ бо суроғаи
www.qonunguzori.tj фаъол гардида, дар сомона пурра шумораҳои маҷалла ва талабот оид ба чопи мақола ҷойгир карда шуд.
Ҳамчунин, соли 2020 саҳифаи расмии Марказ дар шабакаи интернетии Ютуб кушода шуд, ки дар он 14 барномаи телевизионӣ бо иштироки кормандони Марказ ворид карда шуданд.
Дар ин давра, бо ташаббуси Марказ 3 Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯъҳои «Иқтисоди деҳот: масъалаҳо, дастовардҳо ва самтгирии стратегӣ», «Раванди қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва мушкилиҳо» ва «Рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ», 5 семинар ва 10 мизи мудаввар баргузор гардиданд.
Таъсиси китобхонаи электронии ҳуқуқӣ ва махзани маълумоти ҳуқуқӣ самти дигари фаъолияти Марказ аст, ки бо ҳамин мақсад, дар сомонаи Марказ рубрикаи «Китобхона» фаъол карда шудааст. Дар баробари ин, кормандони Марказ тариқи Интернет аз китобхонаҳои илмии электронӣ истифода менамоянд. Инчунин, дар Марказ китобхона фаъолият менамояд, ки он дорои беш аз 2000 (ду ҳазор) номгӯи китоб, теъдоди зиёди маҷалла, рӯзнома ва дигар маводи ҳуқуқӣ мебошад.
Кор бо муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ самти афзалиятноки фаъолияти Марказ маҳсуб меёбад. Дар соли 2020 ба Марказ 344 муроҷиати шифоҳӣ, хаттӣ ва электронӣ ворид гардидааст. Муроҷиатҳо саривақт дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» баррасӣ гардида, ба муаллифон ҷавобҳои мушаххас ирсол гардид. Ҳамчунин, тибқи ҷадвали тасдиқшуда, қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои шанбе ва дигар рӯзҳо аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Марказ ба роҳ монда шудааст.
Намояндагони воситаҳои ахбори омма доир ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ, ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ва қонунгузории андоз, шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, вазъи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин доир ба самтҳои дигари фаъолияти Марказ саволҳои худро манзур намуданд, ки ба ҳамаи онҳо аз ҷониби роҳбарияти Марказ посухҳои мушаххас дода шуд.
Шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозӣ