Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
19 Апрель 2017 (13:03)
13 Март 2017 (07:09)
3 Февраль 2017 (11:58)
23 Январь 2017 (09:37)
14 Ноябрь 2016 (06:56)
Такмили Конунгузории Чумхурии Точикистон

Асосҳои қонунгузорӣ
Паёми Президенти ҶТ аз 24 апрели соли 2010

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 апрели соли 2010.

Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Аввалан, ҳамаи шуморо ба муносибати оғози фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав, инчунин понздаҳсолагии таъсисёбии мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне Маҷлиси Олӣ самимона табрику таҳният мегӯям.
Шумо - мӯҳтарам вакилони нав интихобшудаи халқ хуб медонед, ки яке аз вазифаҳои асосии Маҷлиси Олӣ - таҳия, қабул ва такмили қонунҳо доир ба самтҳои гуногуни сиёсати дохиливу хориҷии давлат ва мусоидат ба иҷрои онҳо мебошад.
Мову шумо вазифадорем, ки бо адои ин рисолати ниҳоят муҳим заминаи қонунгузориро таҳким бахшида, пеш аз ҳама, ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар давлати соҳибихтиёри худ ҳамчун арзиши олӣ ҳифз ва таъмин намоем, то ки ҳар фарди ҷомеа худро озод ҳис намуда, нерӯи зеҳниву ҷисмонии хешро барои татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва рушду ободии Ватани азизи худ, торафт беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳам овардани шароит барои рӯзгори осуда ва босаодати халқ, инчунин баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ равона карда тавонад.
Вобаста ба ин, хотирнишон бояд кард, ки мақсади асосии сиёсати иқтисодии давлати Тоҷикистон ба роҳ мондани рушди устувори иқтисодӣ буда, ҳамаи нақшаҳои мо асосан дар доираи се ҳадафи стратегӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тарҳрезӣ гардидаанд ва тадриҷан амалӣ карда мешаванд.
Ҳадафҳои зикршуда, инчунин ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ муайянкунандаи самтҳои фаъолияти Президент, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои худидоракунии маҳаллӣ, корхонаву муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ, инчунин ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд.
Чунон ки ҳамватанони азизи мо медонанд, дар давоми соли сипаригардида Тоҷикистон яке аз мушкилоти глобалӣ – бӯҳрони молиявию иқтисодиро аз сар гузаронид. Дар ин муддат зарари он танҳо ба буҷет ба зиёда аз як миллиард сомонӣ баробар гардид ва таъсири он ҳоло ҳам идома дорад.
Бо вуҷуди таъсири манфии бӯҳрон дар натиҷаи татбиқи нақшаи чорабиниҳои зиддибӯҳронии ҳукумати мамлакат соли гузашта ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 2008-ум сеюним фоиз зиёд гардид.
Таваррум дар сатҳи 5 фоиз нигоҳ дошта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 банди фоизӣ камтар аст. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 10 фоиз афзуда, фондҳои асосӣ нисбат ба соли 2008-ум дуюним маротиба бештар ба истифода супорида шуданд.
Дар ин муддат сохтмони манзили истиқоматӣ 23 фоиз афзуд ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 17 фоиз зиёдтар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Даромадҳои пулии аҳолӣ ба қадри 15 фоиз зиёд гардиданд. Бо вуҷуди таъсири манфии бӯҳрон музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва илму фарҳанг ба ҳисоби миёна 20 фоиз зиёд карда шуд.
Бояд гуфт, ки соли ҷорӣ барои иқтисоди кишвари мо соли бартараф намудани таъсири бӯҳрон мебошад. Натиҷаҳои семоҳаи аввал аломатҳои беҳтар гардидани вазъи иқтисоди мамлакатро нишон медиҳанд.
Дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 6,8 фоиз афзуд, ки назар ба моҳҳои январ – марти соли 2009-ум 3,2 фоиз зиёд аст. ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 16,3 фоиз, кишоварзӣ 5,7 фоиз афзоиш ёфт, гардиши савдои чакана 121 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 112 фоизро ташкил кард. Таваррум дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар бозори истеъмолӣ дар сатҳи 1,6 фоиз нигоҳ дошта шуд.
Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ дар соли 2010 ба маблағи 6 миллиарду 600 миллион сомонӣ тасдиқ гардид, ки нисбат ба соли 2009-ум қариб як миллиард сомонӣ ё 18 фоиз зиёд мебошад.
Дар соли ҷорӣ бори аввал мо лоиҳаи буҷетро ба буҷети иҷтимоӣ ва тараққиёт ҷудо намудем. Маблағи умумии буҷети тараққиёт 2,9 миллиард сомониро ташкил дод, ки ин ба 43,2 фоизи ҳаҷми умумии буҷет баробар мебошад.
Имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии мо 55 лоиҳаи сармоягузории ҷалбкардаи ҳукумати Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз 8 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Танҳо соли ҷорӣ татбиқи 14 лоиҳаи нави сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии зиёда аз 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ оғоз мегардад, ки 760 миллион сомонии онро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳанд.
Дар Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2010-2012 густариши ислоҳоти идораи давлатӣ, инкишофи бахши хусусӣ, тавсеаи ҷалби сармоя ва тақвияти нер?и инсонӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки таъмини рушд муайян шудаанд.
Мақсад ва зарурати қабули ҳуҷҷати мазкур - таъмини болоравии устувори сатҳи зиндагии мардум, хусусан сатҳи зиндагии табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ буда, доир ба татбиқи амалии он ҳалли як қатор масъалаҳои воқеан ҳам афзалиятнок ба нақша гирифта шудааст.
Бо дарназардошти афзалиятҳои миллӣ ва бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегияи мазкур бояд ҳалли масъалаҳои тараққиёти устувори макроиқтисодӣ ва такмили низоми идоракунии давлатӣ, инкишофи соҳаҳои воқеии иқтисодиёт,  навсозӣ ва диверсификатсияи истеҳсолот, инчунин таҳкими иқтидори содиротии  кишвар, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди бозори меҳнат ва тақвияти нерӯи инсонӣ таъмин карда шаванд.
Барои таъмини ҳамкорӣ дар масъалаҳои рушди миллии Тоҷикистон, дар асоси принсипҳои шарикии созандаи ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ Фармони Президенти Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2007 “Дар бораи таъсиси Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардидааст.
Таъсиси Шӯрои миллии рушд дар сатҳи олӣ имконият медиҳад, ки масъалаҳои муҳимтарини иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди муҳокима қарор дода шуда, бетаъхир ҳаллу фасл гарданд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи татбиқи стратегия ва барномаҳои вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии қабулнамудаи ҳукумат сатҳи камбизоатӣ торафт рӯ ба пастшавӣ меорад.
Мувофиқи натиҷаҳои тадқиқоти муштараки ҳукумат ва ташкилотҳои мустақил доир ба сатҳи зиндагии аҳолии Тоҷикистон, ки соли 2007 гузаронида шуда буд, сатҳи камбизоатӣ аз 73 фоизи соли 2003 то 53 фоиз дар соли 2007 коҳиш ёфта, ин раванд солҳои 2008 ва 2009 низ идома ёфт ва 50 фоиз камтар гардид. Дар натиҷа беш аз 1 миллион нафар аз сатҳи камбизоатӣ бароварда шуд.
Дар доираи Стратегия барои солҳои 2010-2012 татбиқи чорабиниҳои зарурӣ ҷиҳати таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишвар пешбинӣ шудаанд. Ин имконият медиҳад, ки сатҳи камбизоатӣ то охири соли 2012 то 40 фоиз паст карда шавад.
Мувофиқи Дурнамои миёнамӯҳлати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар барои се соли оянда афзоиши солонаи нишондиҳандаҳои иқтисоди воқеӣ ба андозаи на кам аз 5-6 фоиз ва сатҳи таваррум на зиёда аз 8-10 фоиз пешбинӣ гардидааст.
Инкишоф додани соҳаҳои энергетика, саноат ва кишоварзӣ, бахусус саноати сабук ва хӯрокворӣ, инчунин рушди хизматрасонӣ ҳамчун роҳи расидан ба ин ҳадаф дар назар дошта шудааст. Дар баробари ин, усули баҳисобгирии дақиқи фаъолияти иқтисодиро такмил додан зарур аст.
Бинобар ин, Агентии омор ва Кумитаи андоз вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ усули ҳисоботи пурраи омориро доир ба вазъи воқеии иқтисодиёт ҷорӣ намоянд.
Дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ манбаи асосие, ки метавонад ҳадафҳои стратегӣ ва иҷтимоии кишварро таъмин намояд, буҷети давлатӣ мебошад ва дар ин замина вазифаи тамоми мақомоти аз буҷет маблағгузоришаванда аз он иборат аст, ки хароҷоти мақсадноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ, назорат ва риояи қатъии интизоми молиявиро таъмин намоянд.
Дар татбиқи сиёсати буҷет баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои молиявии давлатӣ масъалаи муҳим мебошад. Аз ин рӯ, дар доираи Стратегияи ягонаи идоракунии молияи давлатӣ зарурати ҷорӣ намудани низоми арзёбии натиҷаҳои истифодаи захираҳои буҷетӣ ба миён омадааст.
 Барои шаффофият ва тобеияти низоми молиявии субъектҳои хоҷагидор зарур аст, ки ислоҳоти баҳисобгирии муҳосибавӣ бо ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ таъмин карда шавад.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати таъмин намудани гардиши коғазҳои қиматноки давлатӣ ва ғайридавлатӣ Вазорати молия ва Бонки миллӣ вазифадор карда мешаванд, ки дар доираи Стратегияи рушди бозори коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 рушди бозори коғазҳои қиматнок ва ташкили бозори такрории онҳоро то охири соли ҷорӣ таъмин намоянд.
Пеш аз ҳама, доир ба баланд бардоштани маърифати сармоягузории аҳолӣ, интишор ва ба фурӯш баровардани саҳмияҳои корхонаҳои калон, ки яке аз омилҳои муҳими ҷалби сармоя мебошад, тадбирҳои судманд андешида шавад.
Бо мақсади такмили буҷет ва таъмини шаффофияти он ба Вазорати молия зарур аст, ки ба таҳияи буҷети сесолаи давлатӣ гузашта, дар ин замина баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетиро дар асоси барномаҳои махсуси соҳавӣ таъмин намояд.
Масъалаҳои содда намудани низоми андозбандӣ ва оммафаҳм гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба андозситонӣ метавонанд ба рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ ва таҳкими имкониятҳои буҷети давлатӣ мусоидат намоянд.
Низоми андозбандӣ дар кишварамон ҳоло ҳам то андозае мураккаб буда, тақозо дорад, ки мухолифатҳои дар он мавҷуда бартараф карда шаванд ва устувориву тағйирнопазирии  андозҳо  таъмин карда шавад. Андозсупоранда бояд возеҳ дарк карда тавонад, ки  барои чӣ ва чӣ қадар андоз месупорад.
Аз ин рӯ, ба вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи андоз зарур аст, ки масъалаи мутобиқгардонии Кодекси андоз ва қонунҳо “Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсимоти маҳсулот” ва “Дар бораи консессия”-ро ҳамаҷониба таҳлил карда, хулосаву пешниҳодоти худро ба ҳукумати кишвар манзур намоянд.
Афзоиши буҷетро асосан аз ҳисоби рушди соҳибкории истеҳсолӣ, ҳавасмандсозии рушди бахшҳои афзалиятноки иқтисод, аз ҷумла энергетика, саноати  сабук, истихроҷи маъдан, истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, нақлиёт, коммуникатсия, истифодаи сарфакоронаву самараноки манбаъҳои табиӣ ва обу замин, инчунин банақшагирии пурра ва асосноки манбаъҳои андозбандӣ таъмин кардан мумкин аст.
Дар баробари ин, низоми кори мақомоти андоз ба дигаргунсозӣ ниёз дорад. Вазифаи онҳо на танҳо ҷамъоварии пурра ва саривақтии андоз, балки пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, пешбурди корҳои доимии фаҳмондадиҳӣ ва барои андозсупорандагон ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ мебошад.
Бояд ба ҳама ва ҳар як фарди ҷомеа расонида шавад, ки пардохти андоз на танҳо амалияи ба буҷети давлат ворид намудани маблағҳои пешбиникардаи қонунгузорӣ мебошад, балки бо мақсади пойдории давлат ва рушди он, таъмини зиндагии осоиштаи ҳар як шаҳрванд дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ мебошад.
Аз ин рӯ, ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф, Академияи илмҳои педагогӣ, Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, Донишкадаи молияи Тоҷикистон ва дигар сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳаҳои молия ва андоз ҷиҳати ба шогирдони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ омӯзонидани фарҳанги андозсупорӣ чораҳои амалӣ андешанд.
Мувофиқи мақсад шуморида мешавад, ки натиҷаи татбиқи кодексҳои андоз ва гумрук аз нуқтаи назари самаранокии имтиёзҳои амалкунандаи андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ таҳлил карда шавад.
Илова бар ин, барои таъмини устувории макроиқтисодӣ дар соҳаи пуливу қарзӣ татбиқи чорабиниҳо оид ба боздошти сатҳи таваррум, зиёд кардани дороиҳои бонкӣ ва  ҳамоҳангсозии сиёсати пуливу қарзӣ бо сиёсати андозу буҷет зарур аст.
Дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон низоми бонкии мукаммал ташаккул ёфт, ки он ҷузъи таркибии иқтисоди кишвар буда, дар шароити иқтисоди бозорӣ рушди бонизомро таъмин месозад.
ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани низоми фаъолияти бонкҳо ва тавозуни пардохтпазирии онҳо дар соли ҷорӣ барориши коғазҳои қиматноки давлатиро барои азнавсармоякунонии Бонки миллӣ, инчунин бонкҳои тиҷоратӣ ҷиҳати ҷуброни қарзҳои аз эътибор соқитгардидаи хоҷагиҳои пахтакор амалӣ намуд.
Ҳоло дар мамлакат бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ якҷо бо шӯъбаҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва агентиҳои онҳо зиёда аз 900 ададро ташкил медиҳанд. ҳаҷми қарзҳои додашуда ва миқдори мизоҷон пайваста  меафзояд.
Соли 2009 ҳаҷми қарзҳои барои рушди иқтисодиёт додашуда 12 фоиз, маблағи пасандозҳо 37 фоиз ва дороиҳои бонкҳо 20 фоиз афзуд. Шумораи мизоҷони онҳо бошад, 2,3 миллион нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба соли гузашта 7 фоиз зиёд аст.
Бо вуҷуди ин, бонкҳо ҳоло дар марҳалаи ташаккулёбӣ қарор доранд ва зарур аст, ки дар мамлакат низоми бонкии ба талаботи замон ҷавобгӯ ташкил карда шуда, намудҳои наву ҳозиразамони хизматрасонӣ пешкаши мардум гардонида шаванд.
Дар пешбурди сиёсати пулӣ, нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва таъмини устувории қобилияти харидории пули миллӣ масъалаҳои баланд бардоштани масъулияти бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, зиёд кардани сармояи онҳо, ҷалби инвеститсия ва истифодаи он барои рушди бахши воқеии иқтисодиёт аҳамияти муҳим дорад.
Дар робита ба ин, Бонки миллӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ вазифадоранд, ки оид ба ҷалби маблағҳои пулии аз гардиши бонкӣ берунмонда, то 20 фоиз зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва хусусан дастгирии соҳибкории хурду миёна дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, ки яке аз манбаъҳои ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад, инчунин таҷдиди назар кардан дар масъалаи фоизи қарзҳо чораҳои мушаххас андешанд.
Роҳи дигари зиёд намудани дастрасии мардум ба захираҳои қарзӣ ва хизматрасониҳои бонкӣ таъсиси бонкҳо дар минтақаҳо мебошад.
Бонкҳои имрӯза аслан дар пойтахт ҷойгир шудаанд ва ба мизоҷони марказ хизмат мерасонанд. Ба шумо маълум аст, ки қариб 90 фоизи мардум берун аз пойтахт зиндагӣ мекунанд ва барои дигар шаҳру ноҳияҳо, махсусан соҳибкорони ноҳияҳои дурдаст имконияти гирифтани қарзҳои нисбатан калон маҳдуд аст.
Аз ин рӯ, ба Бонки миллии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки масъалаи бо сармояи нисбатан камтар таъсис додани бонкҳоеро, ки танҳо дар ҳудуди як вилоят ё минтақа фаъолият мекунанд, баррасӣ намояд.
Дӯстони азиз!
Аввали соли равон мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо соҳибкорони ватанӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои дастгирии соҳибкорӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуданд.
Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳибкорӣ ба ҳамаи мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супоришҳои дахлдор дода шуда, аз ҷониби ҳукумат нақшаи чорабиниҳои махсус қабул гардид ва ҳоло иҷрои онҳо таҳти назорати қатъӣ қарор дорад.
Ду сол аст, ки мо ба санҷиши фаъолияти соҳибкории хурду миёна мораторий эълон кардем ва илова бар ин, даҳҳо номгӯй имтиёзҳои дигарро низ муқаррар намудем, аз ҷумла мӯҳлати бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ аз 45 рӯз то 5 рӯз кам карда, инчунин барои ҳамаи намуди фаъолияти соҳибкорӣ андоз аз арзиши иловашуда аз 20 то 18 фоиз, андоз аз фоида аз 25 то 15 фоиз паст карда шуд.
Бо мақсади рушди соҳибкории истеҳсолии хурду миёна, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ соли гузашта аз ҳисоби буҷети давлатӣ 215 миллион сомонӣ равона гардида, тавассути бонкҳои саҳҳомӣ зиёда аз як миллиарду 600 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд. 
Вале дар навбати худ, соҳибкорон низ вазифадоранд, ки ӯҳдадориҳои худро дар назди буҷет софдилона ва сари вақт иҷро намоянд.
Дар натиҷаи тадбирҳои воқеӣ ва босуръат андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ чанде пештар кишвари мо дар пешбурди соҳибкорӣ ба даҳгонаи мамлакатҳои ислоҳотгар дохил гардид ва рейтинги сармоягузории он 12 банд боло рафт. Маросими ба кишвари мо супоридани ҷоизаи махсус таъсисдодаи Бонки Умумиҷаҳонӣ рӯзҳои наздик доир мегардад .   
Барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ лозим аст, ки шахс бояд дар баробари маълумоти касбӣ, инчунин дорои дониши муосири иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ буда, ба рақобат тобовар бошад.
Бо ин мақсад ба вазоратҳои маориф, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки барои тайёр намудани соҳибкорони касбӣ ва баланд бардоштани малакаи онҳо ҷиҳати дар назди ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таъсис додани мактабҳои соҳибкорӣ ва курсҳои такмили ихтисоси соҳибкорон чораҳои зарурӣ андешанд.
Рушди иқтисодиёт ҷалби ҳарчи бештари сармоя ва такмил додани механизми воридсозии онро талаб менамояд.
Дар ин самт, пеш аз ҳама, зарур аст, ки қонунгузорӣ оид ба сармоягузорӣ такмил дода шуда, дар кишвар ҳамоҳангсозии фаъолияти сармоягузорон ва танзими раванди пешниҳоди лоиҳаҳо барои сармоягузории мустақим аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Дар сиёсати иқтисодии давлат мо бояд дастгирии ҳаматарафаи ташаббуси шахсӣ ва соҳибкориро ба назар гирем. Дар кишвар аз лиҳози ҳуқуқӣ бояд чунин фазои озодеро муҳайё созем, ки ҳар як фарди хоҳишманди ташкили фаъолияти соҳибкорӣ чунин имкониятро дошта бошад ва бо дастгириву ҳимояи давлат фаро гирифта шавад.
Рушди устувори соҳибкорӣ кафили инкишофи боэътимоди иқтисодиёт ва паст гардидани шиддати таъсири бӯҳрон буда, барои афзун шудани буҷети давлатӣ мусоидат хоҳад кард.
Зеро тавассути механизми ҳамкории бахши давлативу хусусӣ ҳиссаи маблағҳои буҷетиро дар лоиҳаҳои инфраструктурии инвеститсионӣ кам кардан мумкин аст. Лоиҳаҳои мазкур бояд бештар ба лоиҳаҳои азнавсозӣ табдил дода шаванд ва дар ин маврид механизми консессияро истифода намудан лозим аст.
Дар робита ба ин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зарур аст, ки  муқаррароти қонун “Дар бораи консессия” ва масъалаи дар мӯҳлати муайян ба истифода додани иншооти консессиониро бо дарназардошти манфиатҳои ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, ба ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намоянд.
Самти дигари сиёсати навсозии бахши воқеии иқтисод чорабиниҳои инноватсионӣ мебошанд ва ба бахшҳое тааллуқ доранд, ки дар онҳо қафомонии технологӣ нисбатан кам ба назар мерасад.
Барои ин фаъолона истифода кардани механизмҳои мустақими ҳавасмандсозӣ ва идоракунии инноватсия,      такмил додани заминаи меъёрии ҳуқуқии он, татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ барои ворид намудани технологияҳои пешрафтаи муосир ва содироти молу маҳсулоти бо истифода аз  технологияи муосир истеҳсолшуда зарур мебошанд. 
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯзҳо бунёду барқарорсозии иншооти ҳаётан муҳими кишвар, аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқи обии Роғун, Сангтӯда - 2, Маркази дуюми барқу гармидиҳии Душанбе, нерӯгоҳҳои хурду миёна дар дарёҳои Вахш ва Зарафшон, хатти интиқоли барқи Тоҷикистон – Афғонистон, таҷдиди силсиланерӯгоҳҳои дарёҳои Варзоб ва Вахш, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии Норак, сохтмон ва азнавсозии роҳҳои мошингарди Душанбе - Чанак, Душанбе - Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Хоруғ – Кулма, Душанбе – Саритош, Қӯрғонтеппа – Дӯстӣ, нақбҳои мошингузари “Истиқлол”, “Озодӣ”, Шаҳристон, Чормағзак, роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа босуръат идома дорад.
Инчунин афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, ташкил кардани корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои мусоиди иқтисодӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар бо маблағҳои зиёди буҷетӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва имкониятҳои молиявии шаҳрвандони мамлакат аз мавзӯъҳои кори ҳамарӯзаи мост. 
Барои рушди комплекси сӯзишворию энергетикӣ танҳо соли ҷорӣ 1 миллиарду 100 миллион сомонӣ ё 16 фоизи ҳаҷми умумии буҷет равона мегардад, ки ин нисбат ба соли гузашта 181 миллион сомонӣ ё 20 фоиз зиёд мебошад.
Бо истифода аз минбари баланди мақоми олии қонунгузор бори дигар ба мардуми шарафманд, сарбаланд ва мушкилнописанди Тоҷикистон барои пуштибонӣ ва ҳамовозӣ ба муроҷиатномаи Сарвари давлат доир ба дастгирии моддиву маънавии сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун миннатдории самимии худро иброз менамоям.
Вале дар айни замон, бори дигар таъкид месозам, ки дар ҷараёни фурӯши саҳмияҳои ҷамъияти саҳҳомии “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” набояд ба маҷбурсозӣ ё фишороварӣ роҳ дода шавад.
Зеро дастгирии молиявии Роғун кори ватандӯстонаи ҳар фарди бонангу номус ва саҳми дурандешонаи мардуми Тоҷикистон барои ояндаи худ ва фарзандону набераҳояшон мебошад.    Ин кор бояд озодона сурат гирад, зеро ба воситаи фишороварӣ кори сохтмон баракат намекунад. Баръакс, ҳоло ҳукумат ба оилаҳои камбизоат, ки шумораи онҳо 250 ҳазор мебошад, кӯмаки молиявӣ мерасонад, ки ҳаҷми ин кӯмак дар як сол зиёда аз 100 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Барои таъмини амнияти энергетикӣ ва паст кардани сатҳи вобастагии кишвар аз воридоти сӯзишворӣ сарфаю сариштакорӣ захираи муҳим мебошад.
Мардуми Тоҷикистон, аллакай, имрӯз манфиати истифодаи лампаҳои каммасрафро дида истодаанд. Дар давоми як соли амали Фармони Президенти мамлакат дар бораи гузариш ба лампаҳо ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ мо 2 миллиард киловатт – соат нерӯи барқро сарфа кардем ва муҳимтар аз ҳама, фасли тирамоҳу зимистонро бо азоби камтар паси сар намудем.
ҳамчунин таъкид месозам, ки мо бояд аз рӯи энергоғунҷоиши истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ ба мамлакатҳои тараққикарда наздик шавем.
Аз ин рӯ, ба мо зарур аст, ки хароҷоти барқро барои коркарди маҳсулоти дохилии мамлакат ҳар сол то 3-4 фоиз кам намоем. Амалӣ гардидани ин тадбир ба сарфаи солонаи 200-270 ҳазор тонна сӯзишворӣ имкон медиҳад.
Ҳоло дар доираи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ 12 лоиҳаи соҳаи энергетика татбиқ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо қариб 3 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Таҳлили фаъолияти имрӯзаи комплекси сӯзишворию энергетикии кишвар нишон медиҳад, ки барои фаъолияти мунтазам ва самарабахши иншооти энергетикӣ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон корҳои муайян ба сомон расонида мешаванд, вале бо вуҷуди ин, захираву имкониятҳои истифоданашуда ҳанӯз зиёданд.
Аз ин лиҳоз, андешидани чораҳои зерин зарур шуморида мешавад:
1. Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат бо мақсади муайян намудани тартиби таҳияи фондҳои сарфаҷӯии энергия ва дар амал татбиқ намудани онҳо дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯии энергия» ва ба шароиту афзалиятҳои имрӯзаи мамлакат мутобиқ гардонидани он тадбирҳо андешад.
2.  Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати «Барқи Тоҷик», мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати татбиқи Барномаи дарозмӯҳлати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020-ум дар хусуси сохта, ба истифода додани беш аз 60 нерӯгоҳи хурд дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дар давоми солҳои 2010-2011 чораҳои мушаххас андешанд.
3. Вазорати энергетика ва саноат ва Ширкати “Барқи Тоҷик” якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои паст намудани талафоти нерӯи барқ, аз ҷумла талафоти техникии он чораҷӯӣ намоянд.
4. Вазоратҳои энергетика ва саноат, рушди иқтисод ва савдо, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо масъалаи сертификатсияи маҳсулоти саноатии ба кишвар воридшавандаро бо дарназардошти масрафи нерӯи барқ баррасӣ намуда, ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд.
Яке аз ҳадафҳои стратегии мо раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад, ки тавассути сохтмони нақбу пулҳо, роҳҳои мошингарду оҳани ҳозиразамон, инчунин инфраструктураи нақлиёти ҳавоӣ ва алоқа амалӣ гардида истодааст.
Солҳои охир дар бахши сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар кишвар 14 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи 2,8 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст. То соли 2012 ба анҷом расидани як қатор лоиҳаҳо дар назар аст, ки дар натиҷа 1650 километр роҳҳо, 15 километр нақб ва зиёда аз 100 адад пулҳо таҷдид ва сохта хоҳанд шуд.
Дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ ислоҳот идома дорад, ки дар доираи он ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани фурудгоҳҳо, зиёд намудани самтҳои парвоз ба давлатҳои хориҷии дуру наздик пешбинӣ шудааст.
Инчунин корҳо доир ба сохтмони терминали нави замонавӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе оғоз гардидаанд ва он бояд то ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шавад.
Соҳаи алоқа яке аз самтҳои афзалиятнок буда, дар бозори хизматрасонӣ ба аҳолӣ нақши асосиро мебозад. Солҳои охир дар бозори хизматрасонии алоқа ҳиссаи алоқаи бесим назаррас гардид. Дар баробари ин, бояд устуворӣ ва сифати фаъолияти шабакаҳои интиқоли барномаҳои миллии радиову телевизион ва алоқа, дастрасии бемамониати аҳолии тамоми минтақаҳои кишвар ба хизматрасониҳои иттилоотии муосир таъмин карда шавад.
Имрӯз шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ ба 6 миллион ва истифодабарандагони интернет ба беш аз 500 ҳазор расидааст. Даромади умумии солонаи ҳамаи операторони алоқаи барқӣ қариб 1 миллиарду 400 миллион сомониро ташкил медиҳад. ғайр аз ин, нигоҳдории моҳона ва солонаи ҳар як телефони мобилӣ мутаносибан 50 ва 600 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин зарур аст, ки бо мақсади рушди соҳаи сохтмон дар масъалаи ба стандартҳои муосир ҷавобгӯй намудани сифати иншооти сохташаванда чораҳои дахлдор андешида шаванд.
Пеш аз ҳама, Агентии сохтмон ва меъморӣ, сохторҳои лоиҳакашӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаи ҳамаи бинову иншоот истифодаи таҷҳизоти техникии каммасрафи барқиро ҳатман ба назар гиранд. Инчунин, назорати қатъии иҷрои корҳо, сифати онҳо ва дар айни замон сифати масолеҳи сохтмонро таъмин намоянд.   
Дӯстони азиз! 
Инсоният ба ҳазорсолаи нав бо мушкилоту масъалаҳои вобаста ба таъминоти маводи озуқа ворид гардид.
ҳоло дар ҷаҳон 17 фоизи аҳолӣ бо гуруснагӣ умр ба сар мебарад ва тибқи пешгӯии олимон дар даҳсолаҳои наздик ин шумора чоряки сокинони сайёраро дар бар хоҳад гирифт.
Аз ин лиҳоз, ба мо зарур аст, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ ба ояндаи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон дурбинона ва бисёр ҷиддӣ муносибат намоем. Мо бояд фаъолияти соҳаро бо татбиқи дастовардҳои илму техникаи муосир ва технологияи навтарин тақвият бахшем.
Зеро бахши кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии ҳукумат, яъне амнияти озуқавории мамлакат асосан аз сатҳи рушди он вобаста мебошад.
Ба мақсади таъмини рушди соҳаҳои кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ дар буҷет 390 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба соли сипаригардида 61 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар баробари ин, барои ҳалли масъалаҳои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ, барқарор намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, муайян намудани масоҳат ва кадастри замин ҷудо кардани 200 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст, ки афзоиши он нисбат ба соли 2009-ум 33 фоизро ташкил медиҳад.
Қарзи хоҷагиҳои пахтакор ҳамчун яке аз проблемаҳои ҷиддии соҳаи кишоварзӣ солҳои тӯлонӣ боқӣ монда буд, ки соли гузашта бо тартиби муқарраршуда ҳал гардид ва ба маблағи зиёда аз 2 миллиарду 400 миллион сомонӣ аз эътибор соқит дониста шуд.
Илова бар ин, дар се соли охир аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба соҳаи кишоварзӣ 450 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудааст.
Дастгирии соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли ҷорӣ низ давом дода мешавад. Ба ин соҳа аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ тавассути бонкҳои кишвар ба таври илова ба маблағи 130 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок дода мешавад. 
Бо вуҷуди ин, ки мамлакати мо камзамин аст, вале дар сурати истифодаи оқилонаи заминҳои мавҷуда мо барои инкишоф додани соҳаи кишоварзӣ шароити кофӣ дорем.
Як мисол меорам: агар дар давоми 70 соли низоми гузашта ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 55 ҳазор гектар замини обӣ барои қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҷудо шуда бошад, танҳо дар понздаҳ соли охир барои беҳтар намудани шароити зисти аҳолӣ қариб 105 ҳазор гектар, аз ҷумла 46 ҳазор гектар замини обӣ тақсим карда дода шудааст. Ва муҳимтар аз ҳама ин аст, ки имрӯз дар ҳамин 105 ҳазор гектар зиёда аз 60 фоизи маҳсулоти кишоварзии мамлакатамон истеҳсол карда мешавад.
Соли гузашта аввалин бор дар таърихи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон истеҳсоли ғалладона зиёда аз як миллиону сесад ҳазор тоннаро ташкил кард.
Ин дастовард пеш аз ҳама хизмати кулли деҳқонони мамлакат, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва натиҷаи мусоид омадани боду ҳаво мебошад. Агар дар хотир дошта бошед, се сол пеш нархи 50 килограмм орд ба 150 сомонӣ расида буд. ҳоло бошад аз 50 то 75 сомониро ташкил медиҳад. Ин аст натиҷаи истифодаи самараноки замин, кишти такрорӣ ва таъкидҳои мо доир ба захира намудани маводи ғизоӣ, махсусан ғалладона дар ҳар як оила.
Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, инчунин Академияи илмҳои кишварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки андешидани тадбирҳои иловагиро доир ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат идома диҳанд, инчунин дар бораи дастгирии давлатии хоҷагиҳои кишоварзӣ ва корхонаҳои саноати хӯрокворие, ки бо истеҳсолу коркарди маҳсулоти истеъмолии мавриди ниёзи мардум ва таъмини бозори дохилӣ машғуланд, чораҳо андешанд.
Ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки дар доираи Барномаи рушди соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015 доир ба истифодаи пурра ва самараноки иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ ва навсозии онҳо, дар корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла корхонаҳои коркарди гӯшту шир ва ғалладона ҷорӣ намудани технологияи нав тадбирҳои муассир андешида, доир ба ҷараёни иҷро ва такмили минбаъдаи барномаи зикршуда ҳар се моҳ ба ҳукумати мамлакат гузориш пешниҳод намоянд.  
Ҳамчунин, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд иҷрои ҳатмии барномаҳои қабулгардидаро оид ба рушди соҳа дар мӯҳлатҳои муқарраршуда таъмин намоянд.
Ҳозирини арҷманд!
Рушди бахши иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардум ҳадафи афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Аз ин лиҳоз, ҳукумати мамлакат ба ҳалли проблемаву мушкилоти соҳаҳои иҷтимоӣ эътибори ҷиддӣ медиҳад ва сарфи назар аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ маблағгузориро барои рушди онҳо торафт зиёд мекунад.
Масалан, соли гузашта хароҷоти буҷети давлатӣ барои аксари соҳаҳо даҳфоизӣ кам карда шуд, вале маблағгузории хароҷоти соҳаи иҷтимоӣ дар доираи буҷети тасдиқшуда пурра таъмин гардид.
Дар баробари ин, ҳамасола маблағҳои зиёди иловагӣ, аз ҷумла зиёда аз 80 фоизи Фонди эҳтиётии Президент, фонди хароҷоти пешбининашудаи ҳукумати Тоҷикистон ва дигар захираҳои молиявӣ, инчунин маблағҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва грантҳо ба ин мақсад равона мегарданд.
Лекин бояд таъкид кард, ки на ҳамаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба маблағгузории иловагии ин соҳаҳо диққати ҷиддӣ медиҳанд.
Аз ин лиҳоз, ба мақомоти зикршуда зарур аст, ки доир ба маблағгузории иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз ҳисоби бақияи озод ва иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои маҳаллӣ, инчунин дигар сарчашмаҳои молиявӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.   
Мақсади асосии мо дар ин самт аз он иборат аст, ки ҳифзи иҷтимоии мардум ҳарчи беҳтар таъмин гардад, соҳаҳои маорифу тандурустӣ рушди бештар пайдо намоянд, шабакаи технологияҳои иттилоотӣ тавсеа ёбад, барои тарбияи кӯдакону наврасони солим, таҳсили ҷавонон ва ба воя расонидани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ шароити мусоид муҳайё карда шавад.
Дар татбиқи ин ҳадафҳо соҳаи маориф нақши ҳалкунанда дорад. Дар натиҷаи ғамхориҳои пайвастаи ҳукумати мамлакат солҳои охир маблағгузории соҳа ба таври назаррас афзоиш ёфт.
Агар соли 2000-ум аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои соҳаи маориф ҳамагӣ 42 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2009 бо дарназардошти ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ва буҷети тасдиқшуда ҳаҷми он 1 миллиарду 70 миллион сомониро ташкил кард.
Яъне буҷети соҳаи маориф дар муддати нӯҳ сол қариб 26 баробар афзудааст. Соли 2009 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмону азнавсозии 218 мактаб анҷом ёфта, 40 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.
Ба хотири мусоидат ба рушди минбаъдаи соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи тафаккури техникиву технологӣ дар ҷомеа мо соли 2010-ро Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон кардем.
Ин иқдом моҳиятан ҳадафи фароҳам овардани заминаи рушду такомули тафаккури техникиву технологиро, ки таҳкурсии он дар муассисаҳои таълимии зинаҳои гуногун гузошта мешавад, дар бар мегирад.
Бинобар ин, ба Академияи илмҳо, Вазорати маориф ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои илмӣ доранд, пешниҳод мешавад, ки тамоми имконоти донишгоҳиву академӣ ва соҳавиро муттаҳид карда, онро ҷиҳати тавсеа ва инкишофи илмҳои техникӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои муосири ҷавобгӯи ниёзҳои ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон сафарбар намоянд.
Эҳтироми забони модарӣ ва амиқ омӯхтани он, инчунин омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама русӣ ва англисӣ аз ҷумлаи равандҳое мебошад, ки бояд таҳти назорати доимӣ қарор дошта бошанд. 
Дар ҷаҳони имрӯза забондонӣ ва малакаи кор бо техникаи компютерӣ ба яке аз меъёрҳои асосии интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо мубаддал гаштааст. ҳоло вақти он расидааст, ки мо низ ин меъёрро дар ҷомеаи худ татбиқ намоем. Албатта, ҳалли ин масъала кори якрӯза нест ва он бояд оқилона, дурбинона ва тадриҷан амалӣ карда шавад.
Дар  ин раванд як нуктаро дар назар бояд дошт: дар ҷаҳони муосир кишваре ба дастовардҳои бузург ноил мегардад, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, техникаву технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамояд. Зеро ҷомеае, ки дар он сатҳи маърифати мардум баланд аст, ҳар гуна рафтори эҳсосотӣ ва дасисаву иғво натиҷа намедиҳад.
Имрӯз дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар теъдоди техникаи компютерӣ қариб ба 27 ҳазор расидааст, ки ин рақам 80 фоизи нишондоди Барномаи компютерикунониро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ин, вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои марбутаро зарур аст, ки барои дар мӯҳлатҳои муқарраршуда иҷро гардидани Барномаи компютерикунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Имрӯз вақти он расидааст, ки ба зинаи аввали низоми маориф, яъне тарбияи томактабӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шавад, зеро дар муассисаҳои тарбияи томактабӣ хиштҳои нахустини бинои шахсият ва ҷаҳонбинии инсон гузошта мешаванд. Бояд қайд кард, ки дар ин самт мо аз имкониятҳои бахши хусусӣ ҳанӯз ба таври лозимӣ истифода намебарем.
Аз ин рӯ, Вазорати маорифро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳия барои баланд бардоштани сатҳи фарогирии кӯдакон бо таълиму тарбияи томактабӣ ва мутобиқ гардонидани фаъолияти ин бахш ба талаботи меъёрҳои давлатии тасдиқгардида тадбирҳои самарабахш андешад.
Вобаста ба гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Паёми гузашта изҳори ақида карда будам ва ҳоло мехоҳам як нуктаро махсус зикр намоям. Чунон ки маълум аст, имрӯз қонунгузории амалкунандаи мамлакат синну соли ақди никоҳро барои духтарон аз 17-солагӣ муайян мекунад.
Бо мақсади беҳтар омода шудани ҷавонон ба зиндагии мустақил, таъмини шароити оилаю оиладорӣ ва тақвият додани риояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон зарур аст, ки ба қонунгузорӣ дар бораи аз 17 ба 18-солагӣ баланд кардани синну соли никоҳӣ тағйирот ворид карда шавад, то ин ки ҷавондухтарон ақаллан мактаби таҳсилоти умумии миёнаро хатм кунанд.
Аз рӯи маълумоти оморӣ бекор кардани ақди никоҳ сол то сол зиёд шуда истодааст. Дар панҷ соли охир (солҳои 2005 то 2009) бекор кардани ақди никоҳ аз 2900 ба 5 850 расидааст.
Дар соли 2009 мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёда аз 100 ҳазор ҳолати бастани ақди никоҳ ва қариб 6000 ҳолати бекор кардани ақди никоҳро ба қайд гирифтаанд. Аз ин ҷумла 3 770 ақди никоҳ бо қарори судҳо бекор карда шудааст.   
Бо саъю талоши давлат ва ҳукумати кишвар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ густариш ёфта, сифати таълиму тарбия ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасб дар донишгоҳу донишкадаҳо рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Вале, бо вуҷуди ҳамаи тадбирҳое, ки дар ин самт то кунун андешида шудаанд, ин масъала ҳамчун яке аз проблемаҳои муҳими рӯз дар соҳаи маориф боқӣ мемонад.
Аз ин рӯ, Вазорати маорифро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор барои рафъи камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта, аз қабили ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ набудани сатҳи касбии  хатмкардагони муассисаҳои олии таълимӣ, бе дарназардошти ниёзмандии воқеии иқтисоди миллии мамлакат тайёр кардани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои якхела дар чанд мактаби олӣ, нокифоя будани мутахассисон ва заминаҳои таълимиву методӣ барои тарбияи кадрҳо аз рӯи як қатор ихтисосҳои зарурӣ  ва монанди инҳо чораҳои муассир андешад.
Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрӯз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷӯянда шароит фароҳам оварем. Инчунин барои ихтироъкорону эҷодкорони асил ҳамаи заминаҳоро муҳайё созем, то ки онҳо тавонанд бо корҳои сермаҳсули илмию эҷодӣ ва навоварӣ машғул бошанд.
Чунон ки шумо огоҳ ҳастед, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути стипендияи байналмилалӣ ҳар сол садҳо нафар ҷавонон ба хориҷи кишвар барои таҳсил фиристода шуданд. ҳоло теъдоди донишҷӯёни мо, ки дар хориҷа таҳсил мекунанд, беш аз шаш ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ин, Комиссияи ҷумҳуриявиро зарур аст, ки ба масъалаи интихоби донишҷӯён диққати махсус дода, ҷавонони беҳтаринро барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристад.
Бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои охир дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои мамлакат филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов, Донишкадаи молияи Тоҷикистон, ҳамчунин коллеҷҳои муҳандисию техникӣ дар шаҳри Роғун, ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Истаравшан ва монанди инҳо таъсис ёфта, ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Мо ният дорем, ки имсол ва соли оянда боз филиалҳои якчанд донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи дигарро низ ташкил кунем.
Баробари соҳибистиқлол шудани ҷумҳурии Тоҷикистон мо эъмори давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократиро ҳадафи асосии худ эълон намудем. ҷомеаи мо пайгирона бо ҳамин роҳ пеш меравад, вале ҳаёт ҳамарӯза собит месозад, ки бе ширкати пурсамару фаъолонаи занон ва ҷавонон расидан ба ин ҳадафи бузург ниҳоят мушкил аст. Зеро занон ва ҷавонон қисми бештари аҳолиро ташкил медиҳанд. Зан – модар масдари наслҳо  ва меҳвари ҳар як оила аст.
Дар баробари қадрдонии  занон ба хотири таҳкими  мақоми онҳо дар ҷомеа солҳои охир як қатор санадҳои муҳим қабул шуданд, ки ба шарофати ин теъдоди зиёди занон ба корҳои масъули давлатию ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд. Имрӯз соҳае нест, ки занҳо дар он пурсамар фаъолият набаранд.
Боиси хушнудист, ки дар интихоботи имсолаи парлумонӣ бисёр занҳои кордон ва соҳибмаърифат пирӯз гардида, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ интихоб шуданд. Мо минбаъд низ кӯшиш хоҳем кард, ки нақши занон дар ҳаёти ҷомеа таҳким ёбад ва муассир бошад.
Мо аз ҷавонон умеди калон дорем, зеро дар оянда масъулияти давлатдорӣ ва рушди кишвар бар ӯҳдаи онҳо меафтад.
Аз ин рӯ, мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ тарбия намоем, онҳоро ба илму касбомӯзӣ ҳарчи бештар ҷалб кунем, дар миёни наврасону ҷавонон тарзи зиндагии солимро тарғиб созем.
Ин на танҳо вазифаи ҷонии падару модарон ва мураббиёну омӯзгорон, балки тамоми ҷомеа аст. Танҳо дар ҳамин сурат мо пойдевори давлатдории худро мустаҳкам месозем ва дилпурона пеш меравем.  
Бинобар ин, ба Вазорати маориф, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзишӣ зарур аст, ки ба рушди варзиш, оммавигардонии он, тарбияи варзишгарони касбӣ ва бо ҳамин роҳ густариш бахшидани тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи генофонди миллат, ҳамчун масъалаи хеле муҳим эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Дар баробари ин, ба рушди туризм ва ташкили инфраструктураи он ҳамчун яке аз самтҳои ояндадор бояд аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини сохтору мақомоти дахлдор бошад.
Ҳозирини гиромӣ!
Cамтҳои асосии сиёсати давлат оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ - дар доираи ислоҳоти соҳа баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои тандурустӣ мебошад.
Мо ин равандро минбаъд низ идома медиҳем, зеро дар кишвари соҳибистиқлоли мо саломатии мардум боигарии давлат ва ҷузъи таркибии ҳадафҳои стратегии он дониста  шудааст. 
Вобаста ба ин, мехоҳам хотирнишон намоям, ки сифати тайёр кардани мутахассисони соҳаи тиб ҳанӯз беҳбудиро тақозо дорад. Табибон бояд одоби баланди муошират дошта бошанд ва бо корафтодагон муомилаи неку инсондӯстона карда тавонанд.
Дар ин раванд вазорати тандурустӣ бояд дар хусуси баланд бардоштани сатҳи тарбияи кадрҳо, бозомӯзиву такмили ихтисоси мутахассисон ва таҷдиди низоми бозомӯзии баъдидипломии кормандони соҳаи тиб тадбирҳои муассир андешад.
Дар сиёсати давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масъалаҳои такмили низоми пардохти маош, таъмини нафақа, дастгирии иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва умуман беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳамоно мавқеи аввалиндараҷа доранд.
Ҳамин аст, ки дар соли ҷорӣ низ хусусияти иҷтимоии буҷет нигоҳ дошта шуда, маблағгузории он беш аз 50 фоизи ҳаҷми умумии буҷетро ташкил медиҳад.
Дар буҷет ҳаҷми умумии хароҷот барои соҳаҳои иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа – 3,2 миллиард сомонӣ, яъне бо афзоиши 27 фоиз пешбинӣ карда шудааст.
Яке аз ҳадафҳои асосии давлат дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, яъне онҳое, ки воқеан мӯҳтоҷи ёрӣ мебошанд, аз ҷумла собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону маъюбон, пирони бесаробон ва оилаҳои камбизоат ба шумор меравад.
Аз ин рӯ, мо дар доираи барномаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дастгирии моддии табақаҳои ниёзманди аҳолиро таъмин карда истодаем.
Дар соли ҷорӣ ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии бошандагони хона – интернатҳои маъюбону ятимон ва пиронсолону бесаробон мондагон дар буҷети давлатӣ маблағи 13 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба ҳар як нафар дар як сол 8600 сомонӣ ва дар як моҳ 715 сомонӣ рост меояд.
ҳамчунин, ба Ҳукумати Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки масъалаи аз 1-уми июли соли ҷорӣ ба андозаи на камтар аз 30 фоиз баланд бардоштани ҳадди ақалли музди меҳнат ва нафақаро ҳал намояд.
Илова бар ин, дар хусуси аз 1-уми октябри соли ҷорӣ на камтар аз 15 фоиз зиёд намудани нафақа, инчунин музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ пешниҳод манзур намуда, бо мақсади ба танзим даровардани музди меҳнати кормандони мақомоти идоракунии давлатӣ, ҷиҳати гузаштан ба ҷадвали ягонаи тарифӣ дар вазорату идораҳои озмоишӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия ва пешниҳод созад.
Масъалаҳои танзими бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳамчун ҷузъҳои асосии барномаи зиддибӯҳронии ҳукумати мамлакат тадриҷан ҳаллу фасл шуда истодаанд.
Таъсиси 180 ҳазор ҷойи корӣ, ки дар хусуси зарурати он дар Паёми соли гузаштаи худ ба Маҷлиси Олӣ гуфта будам, аз нақшаи барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ қариб ду баробар зиёд буд.
Соли сипаригашта дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар беш аз 185 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шуданд, ки ин, албатта, иқдоми назаррас мебошад.
Имсол ҳам мо фаъолияти худро дар ин самт идома дода, ният дорем, ки 117 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис диҳем.
Тавассути ташкили курсҳои таълимии соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ, додани қарзҳои хурди имтиёзнок ва таъсиси марказҳои дастгирии худиштиғолӣ ва соҳибкорӣ бояд минбаъд низ ба шуғли аҳолӣ мусоидат карда шавад.
Ҳамчунин, барои таъмини ҳарчи беҳтари ҳифзи иҷтимоии аҳолии ниёзманд, таҳкиму танзими муносибатҳои меҳнатӣ, таъин ва пардохти нафақа ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ мо бояд чораҳои таъсирбахш андешем.
Вобаста ба ин, ба парламент, ҳукумати мамлакат, тамоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ лозим аст, ки фаъолияти худро дар самти татбиқи ҳадафҳои муқарраршуда, аз ҷумла доир ба ҳалли масоили вобаста ба муҳоҷирати муҳнатӣ тақвият бахшида, ба масъалаҳои таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати доимӣ диҳанд. 
Дар робита ба ин, ҳукумати мамлакат ва мақомоти дахлдори он вазифадор карда мешаванд, ки масъалаи зарурати ташкили сохтори алоҳидаро доир ба танзими масоили вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамаҷониба омӯхта, хулосаҳои худро пешниҳод намоянд.  
Дӯстони мӯҳтарам!
Фарҳанг яке аз бахшҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ буда, дар ҳаёту фаъолияти тамоми табақаҳои иҷтимоӣ, оинҳои давлатдорӣ, фаъолияти меҳнатӣ, эҷодӣ ва монанди инҳо нақши муассир дорад.  
Нақши фарҳанг дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва афзудани эътибори кишварамон дар арсаи  ҷаҳон ниҳоят бузург аст.
Барои мо ҷойи ифтихор аст, ки тоҷикон аз ҷумлаи халқҳое мебошанд, ки дар офариниши тамаддуни башарӣ саҳми арзандаву босазо доранд. Тоҷикон дар тӯли таърихи куҳанбунёди худ фарҳанги баланд ва тамаддуни моддиву маънавии ҷовидона ба вуҷуд овардаанд, ки ҷаҳониён онро эътироф ва истифода мекунанд. Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани Наврӯзи Аҷам ҳамчун ҷашни байналмилалӣ нишонаи возеҳи ин гуфтаҳост.
Дар ин давраи тақдирсоз рӯ овардан ба осори гузаштагони маъруфи халқи тоҷик ва тамаддуни оламшумули он дар тақвияти раванди ташаккули андеша ва худшиносии миллӣ, таҳкими асосҳои ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ ва заминаи маънавии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон воситаи созандае  мебошад.
Аз ин рӯ, омӯзишу қадрдонии мероси фарзандони барӯманди халқи тоҷик, аз ҷумла эҳё ва истифодаи осори умумибашарии фақеҳи бузург, поягузори яке аз мазҳабҳои бонуфузи дини мубини ислом - Имоми Аъзам ва соли бузургдошти ӯ эълон шудани соли 2009 аз ҷумлаи тадбирҳои муассири фарҳангӣ дар ин самт буд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат – ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад. Дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудаанд. Барои ҳифзу тармими онҳо ҳукумат ҳамасола маблағҳои зиёд ҷудо мекунад.
Умуман, хароҷоти соҳаи фарҳанг сол то сол афзоиш ёфта, танҳо дар соли ҷорӣ нисбат ба соли 2009-ум 60 фоиз зиёд гардидааст, ки 214 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин давра ташкили Консерваторияи миллӣ, таъмиру азнавсозии Театри опера ва балети ба номи Айнӣ, Театри драмавии ба номи Лоҳутӣ, Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад”, “Кохи Тоҷикистон”, “Кохи ҷомӣ”, қасрҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Кӯлобу Панҷакент ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар, бо таҷҳизоту асбоб таъмин кардани онҳо, инчунин як қатор мамнӯъгоҳу ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла ҳулбук ва Саразм ба анҷом расонида шуд. Дар айни ҳол сохтмони Китобхона ва Осорхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе амалӣ гардида истодааст.
Вобаста ба масъалаҳои зикршуда ба Вазорати фарҳанг зарур аст, ки барои  нигоҳдории мероси таърихию фарҳангии халқамон пайваста тадбирҳо андешида, ҷиҳати ба феҳристи умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани ёдгориҳои нодири таърихии Тоҷикистон ташаббус нишон диҳад.

Мӯҳтарам вакилони халқ!
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, тамоми рукнҳои давлатро барои амалан таъмин намудани ҳифзу риояи он масъул сохтааст.
Меъёрҳои он дар рушди давлати демокративу ҳуқуқбунёди Тоҷикистон, таъсиси мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташаккули низоми ҳуқуқи миллӣ, муносибатҳои сифатан нави миёни шахсият, ҷомеа ва давлат, инчунин ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишварамон шароити мусоиди сиёсиву ҳуқуқӣ фароҳам овардаанд.
Дар шароити кунунӣ мақсаду мазмуни фаъолияти мақомоти давлатиро бояд ҳуқуқу озодиҳои инсон муайян созанд. қонунҳо набояд қоидаҳои рафтореро муайян намоянд, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мувофиқ набошанд, ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор дар фаъолияти худ, пеш аз ҳама, бояд риояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба мадди аввал гузоранд.
Ҳамчун кафили риояи Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон изҳор менамоям, ки баррасии ҳаматарафа ва холисонаи муроҷиати шаҳрвандон ва барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаи онҳо бояд омили муайянкунандаи арзёбии фаъолияти мақомоти давлатӣ бошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи муроҷиатҳои шаҳрвандон ба мақомоти болоӣ сол то сол меафзояд ва яке аз сабабҳои он аз тарафи роҳбарони мақомоти давлатӣ дуруст ба роҳ монда нашудани қабули шаҳрвандон ва беэътиноӣ нисбат ба арзу шикоятҳои онҳо мебошад.
Аз ин лиҳоз, ба роҳбарияти тамоми зинаҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони аввали вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, сарварони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ супориш дода мешавад, ки қабули шаҳрвандонро ҳар рӯзи шанбе, инчунин бо ташкили сафарҳои корӣ дар маҳалҳо ба роҳ монда, ҳаллу фасли арзу шикоятҳои онҳоро таъмин намоянд.
Бояд таъкид кард, ки ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ бе мавҷудияти низоми дақиқан муайяншудаи мустақил ва беғарази судӣ аз имкон берун аст.
Дар таъмин намудани волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар бузург мебошад. 
Дар доираи ислоҳоти конститутсионӣ солҳои охир ба фаъолияти ҳокимияти судӣ тақвият бахшида шуд. Бо мақсади такмил додани асосҳои ҳуқуқии ҳокимияти судӣ соли 2007-ум Барномаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ қабул гардид, ки он бешубҳа дар рушду такомул ва тақвият ёфтани ин рукни мустақили ҳокимият нақши арзанда дорад.
Қабул гардидани як силсила қонунҳо, аз ҷумла кодексҳои мурофиавии гражданӣ, судии иқтисодӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳо «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», «Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таҳкими ҳокимияти судӣ мусоидат намуд.
Қисми зиёди ваколатҳои амрдиҳӣ доир ба пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтан, кофтукови манзил, ҳабси молу мулк, муваққатан аз вазифа дур кардан ва ғайраҳо тибқи Кодекси нави мурофиавии ҷиноятӣ аз 1 апрели соли ҷорӣ ба салоҳияти суд вогузор карда шудаанд.
Тағйироти мазкур салоҳияти судҳоро боз ҳам васеъ ва масъулияти онҳоро дучанд месозад ва аз ин рӯ зарур аст, ки дар бораи пурзӯр намудани  талабот ҳангоми интихоби судяҳо, баланд бардоштани маҳорату малакаи онҳо тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.   
Бо дарназардошти амалӣ шудани Барномаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ соли гузашта зарурати идома додани ислоҳоти судиро таъкид намуда, масъалаи таҳия ва пешниҳоди барномаи нави мукаммали соҳаро барои солҳои минбаъда ба миён гузошта будам.
Аз ин рӯ, ба Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати адлия, Шӯрои адлия ва Прокуратураи генералӣ зарур аст, ки бо дарназардошти масъалаҳои зерин лоиҳаи онро ҳарчи зудтар таҳия ва пешниҳод намоянд:
- якум, омӯзиши ҳамаҷонибаи масъалаи минбаъд ба мансаби судягӣ бемӯҳлат таъин намудани судяҳое, ки дар ин мансаб зиёда аз даҳ сол фаъолият намуда, худро ҳамчун судяи кордон ва босалоҳияту поквиҷдон нишон додаанд;
- дуюм, дар таркиби судҳои умумӣ таъсис додани мансаби судяҳои маъмурӣ ва оилавӣ аз ҳисоби воҳидҳои амалкунанда ваворид намудани та?йиру илова?о ба қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- сеюм, бо дарназардошти васеъ гардидани салоҳияти судҳо андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти судяҳо дар мавриди қабули қарорҳои қонуниву асоснок ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар фаъолияти онҳо;
- чорум,таҳия ва пешниҳоди Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ.
Мо Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 - 2015-ро қабул кардем, ки мақсад аз он пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ба вуҷуд овардани тағйироти куллӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳимояи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷамъият мебошад.
Дар ин самт мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хавфноки муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, одамфурӯшӣ, инчунин дар роҳи таъмини сулҳу субот корҳои муайянро анҷом додаанд. Вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд.
Аз ин рӯ, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии назорати маводи нашъаовартақозо мегардад, ки фаъолияти худро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои зикршуда тақвият бахшанд.
Мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ низ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад.
Зеро ҷиноятҳои коррупсионӣ асоси давлату давлатдорӣ, фаъолияти мӯътадили мақомоти давлатиро халалдор намуда, ба раванди рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ахлоқу афкори ҷамъият ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа таъсири шадиди манфӣ мерасонад.
Бо дарназардошти оқибатҳои ногувори ин падидаи номатлуб ҳукумати кишвар моҳи январи соли 2008 Стратегияи мубориза бо коррупсия барои солҳои 2008–2012-ро қабул намуда, дар доираи он самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия муайян намуд, ки татбиқи он идома дорад.
Бояд қайд кард, ки солҳои охир дар мамлакат доир ба қонунигардонии молу мулк ва маблағҳои пулӣ се санади қонунгузорӣ қабул ва амалӣ гардид. Мақсад аз татбиқи онҳо ба муомилоти қонунӣ ворид намудани маблағҳои ғайрирасмӣ ва амволи ба қайд гирифтанашуда, пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ ва сӯиистифодаи ин маблағҳо ва молу мулк буд.
Дар натиҷаи татбиқи қонун «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу  мулк” аз 1 январи соли 2008 то 1 июли соли 2009 мувофиқи маълумоти пешакӣ зиёда аз 87 ҳазор адад моликият қонунӣ гардонида шудааст, ки маблағи умумии онҳо беш аз 19 миллиард сомонӣ, яъне қариб 5 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Авфи маблағҳо ва молу мулк аз тарафи давлат имкон медиҳад, ки шаҳрвандон бе зикри сарчашмаҳои даромади худ маблағ ва молу мулки хешроқонунӣ гардонида, ҳамзамон бо ин, дар пешрафти иқтисодиёти кишвар иштирок намоянд. 
Дар баробари ин, сатҳи имрӯзаи ҷиноятҳои коррупсионӣ водор менамояд, ки дар самти мубориза бо коррупсия масъалаҳои зерин таҳти таваҷҷӯҳи ҷиддӣ қарор дода шаванд:
- якум, таъмини истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ тавассути ба роҳ мондани назорати қатъии давлатии молиявӣ;
- дуюм, ба роҳ мондани ҳамкории судманд миёни Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар масъалаи мубориза бар зидди ҷиноятҳоикоррупсионӣ, аз ҷумла, дар самти пешгирӣ ва бартараф намудани чунин ҷиноятҳо;
- сеюм, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти идоракунӣ, судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва тамоми сохторҳои дигари давлатӣ, бахусус таъмини шаффофияти раванди хариди давлатии мол (кору хизматрасонӣ), хусусигардонии амвол  ва музоядаву тендерҳо;
 - чорум, таҷдиди назар намудан дар масъалаи ҳуқуқи дахлнопазирии шахсони мансабдор, ки баъзан  боиси сӯиистеъмол аз мансаб ва коррупсия гардида истодааст, аз ҷумла оид ба вазъи ҳуқуқии вакилони парламент ва дигар мақомоти намояндагӣ, аъзои ҳукумати мамлакат, судяҳо, прокурорҳова кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- панҷум, бо мақсади аз тариқи қонунгузорӣ пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ тавассути гузаронидани экспертизаи  зиддикоррупсионии қонунҳо баланд бардоштани сифати қонунҳо ва татбиқи самарабахши онҳо;
- шашум, муқаррар намудани масъулияти роҳбарони тамоми зинаҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, молия, андоз, бонкҳо, гумрук, сохторҳои низомӣ, дигар мақомоти назоратӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ҷиҳати пешгирии коррупсия дар фаъолияти кормандони худ.
Дар асоси Стратегияи мубориза бо коррупсия барои солҳои 2008-2012 бояд дар тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои дохилиидоравии мубориза бо коррупсия таҳия ва мавриди татбиқ қарор гиранд.
Дар онҳо бояд тадбирҳои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯиистеъмол аз мансаб, тасарруфи моликияти давлатӣ, ришваситонӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб зикр ва амалӣ карда шаванд.
Илова бар ин, бо дарназардошти вазъи имрӯза ва сатҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ зарурат пеш омадааст, ки ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия ва қабул карда шавад.
Дар Паёми соли гузаштаи худ ба Маҷлиси Олӣ дар бораи тадриҷан гузаштан ба таъини ҷазои ҷарима барои ҷиноятҳои иқтисодӣ дар мавриди ихтиёран барқарор намудани зарари расонидашуда ибрози ақида намуда будам. Ин кор шурӯъ шудааст ва онро то охир расонидан зарур аст. Тавре ки маълум аст, ҷинояткориро танҳо бо пурзӯр намудани ҷазо барҳам додан ғайриимкон мебошад.
Аз ин рӯ, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои низомӣ зарур аст, ки дар баробари пешгирӣ ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткориву ҳуқуқвайронкуниҳо оид ба адолатнок ва мувофиқ  гардонидани ҷазоҳои интизомиву маъмурӣ ва ҷиноятӣ пешниҳодоти дахлдори худро таҳия карда, ба ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳозирини гиромӣ!
Сиёсати хориҷии кишвари мо бо усулу асосҳо ва суннатҳои тағйирнопазири худ тӯли солҳои истиқлолият идомаи мантиқии стратегияи санҷида ва мутавозину фарогири ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Он аз сиёсати ҳашт сол қабл эълон намудаи мо – «дарҳои кушод» бармеояд ва мисли пештара вазифаи хешро дар эҷоди шароити мусоиди байналмилалӣ ҷиҳати рушд ва инкишофи устувори кишвар мебинад.
Дар вазъи зудтағйири ҷаҳони имрӯза ва таҳаввулоти сареи олами муосир таъмини озодиву истиқлол, тамомияти арзӣ ва суботи сиёсӣ, амнияти сарзамин ва дар маҷмӯъ татбиқи манофеъи миллӣ аз умдатарин вазифаҳои он буданд.
Дар ин росто бо возеҳтар шудани раванди шиддатёбии рақобати қудратҳои бузург барои таҳкими нуфузи худ дар манотиқи мухталифи олам, ҷӯстуҷӯ ва пайдо намудани роҳу василаҳои беҳтарини ҳимоят ва татбиқи манфиатҳои миллӣ ташаббусу ибтикороти тоза ба тозаеро тақозо мекард.
Фикр мекунам, ҳоҷат ба таъкиди он нукта нест, ки дарёфти чунин василаву воситаҳо дар ин уқёнуси серталотум, ки сиёсати ҷаҳонӣ ном дорад, барои кишваре чун Тоҷикистон кори басо осону муяссар нест.
Воқеаҳои рӯзҳои охир дар минтақа бори дигар собит сохтанд, ки Осиёи Марказӣ чун нуқтаи муҳими рақобати геополитикӣ ва геостратегӣ аз ин равандҳое, ки ман зикр кардам, истисно нест, балки имрӯз дар чорроҳаи бархӯрди манфиатҳои мухталиф қарор дорад. Ин амр аз ҳамаи мо пиёда намудани сиёсати басо санҷида ва ботавозунро талаб менамояд.
Ва ман бори дигар андешаеро, ки чанд сол қабл дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар зикр карда будам, таъкид карданӣ ҳастам: Осиёи Марказӣ чун нуқтаи хеле ҳассос ва нозуки сайёраи мо набояд арсаи бесуботӣ ва бархӯрди манфиатҳо бошад, балки маркази пайванди онҳо гардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ҳамарӯзаи сиёсати хориҷии худ ҳамеша ҷонибдори чунин раванд буду ҳаст. 
Дар айни замон мо бояд бо дарки амиқи ҷузъиёту мазмуни ин равандҳо, бо огаҳиву зиракӣ ва шинохти дурандешонаи онҳо амал намоем, то дар чаҳорчӯбаи сиёсати воқеъбинона ба нафъи халқу Ватани худ кор анҷом диҳем.
Дар ин рӯзҳо, ки ҷомеаи ҷаҳон боз назар ба сӯи Осиёи Марказӣ дӯхтааст, мехостам бори дигар мавқеи Тоҷикистонро нисбати минтақа баён намоям.
Қабл аз ҳама бояд зикр кард, ки ҳодисаҳои дар қирғизистони ҳамсоя рухдода боиси нигаронии ҷиддии мо қарор нагирифта наметавонанд, ҳарчанд ки ин кори дохилии худи онҳост.
Чун мардуми мо ин гуна ҳодисаҳоро аз сар гузаронидааст ва мо баҳои онҳоро хуб медонем, сидқан орзуманди аз ҷониби худи мардуми қирғизистон ба эътидол овардани вазъ ва таъмин намудани рушди ояндаи он ҳастем.
Нуктаеро бояд таъкидан гуфт, ки аз аввалин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ то ҳол мо сиёсати худро тағйир надодаем ва мисли пештара ҷонибдори дар мадди аввал гузоштани ҳамкории мустаҳкаму дӯстонаи ҳамаи кишварҳои минтақа ҳастем.
Аҷдоду ниёгони мо тӯли садсолаҳо асосҳои чунин муносиботи ҳасанаро гузошта, онро асрҳо таҳким бахшидаанд ва мо бояд идомадиҳандагони он анъанаҳои неку воло бошем.
Мушкилоти моро аз худи мо каси дигаре беҳтар намедонад. Фақат дилу нияти пок, ҳадафҳои муштарак ва азму иродаи қавӣ лозиманд, ки мо минтақаро ба як воҳиди ягонаи ҳамкории созанда, муколамаи дӯстона ва равобити пурсамар табдил диҳем.
Масалан, биёем сари масоили обу энергетика, ки аз муҳимтарин мавзӯъҳои доғи рӯз гаштааст. Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ қасди яккатозӣ дар ин майдонро надорад, балки ҳамеша аз пешниҳодкунандагони ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ин ҷода ва умедвори аз ҷониби ҳамкорон ва шарикони минтақавӣ амиқан дарк намудани ҳадафҳо ва ормонҳояш будааст.
Дар ин робита бори дигар мехоҳам нуктаҳои зеринро таъкид намоям:
1.    Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ташвишу шубҳаҳои ҳамсоягони худро аз назар дур накардааст ва Ёддошти тафоҳуме, ки байни кишвари мо ва Бонки ҷаҳонӣ ба наздикӣ имзо шуд, гувоҳи ин гуфтаҳост. Мо омодагии хешро ба ташхиси иқтисодиву иҷтимоӣ ва экологии лоиҳаи Роғун иброз доштем ва ман ба сарварони давлатҳои минтақа дар ин бора расмӣ иттилоъ додам.
Дар айни ҳол мо аз Созмони Милал ва ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ муроҷиат ба амал овардем, ки ташхиси фарогири системаи кӯҳнашудаи обёрӣ ва истифодаи об дар минтақа, аз ҷумла обанборҳои сершумор, инчунин вазъи экологии он сурат гирад, то аввалан, ба ҳар гуна айбдоркуниҳои беасос хотима дода шавад ва сониян бад-ин васила ҷалби ҳам имкониятҳо ва ҳам сармояи созмонҳои молиявии байналмилалӣ барои бартараф намудани мушкилоти минтақа таъмин гардад.
1.    Кишваре, ки сарфи назар аз манбаи асосии оби Осиёи Марказӣ буданаш ҳамагӣ 5-7 фоизи обро истифода мекунаду чун кишвари кӯҳсор имконияти васеъ кардани киштзорҳои обёришавандаро надорад, ҳеҷ гоҳ барои таъмини минтақа бо об наметавонад хатар эҷод намояд.
Баръакс, пешниҳоди қаблии мо барои бо оби мусаффои нӯшокӣ таъмин намудани мардуми минтақа аз кӯли баландкуҳи Сарез ҳанӯз ҳам боқист.
1.    Ҳамсоягони мо вазъи Тоҷикистонро, ки аз захираҳои фаровони нафту газ маҳрум буда, ҳар сол ба муддати 6-7 моҳ дар фасли сармо аз набудани барқу гармӣ азият мекашад ва илоҷи ягонааш дар кори таъмин намудани кишвар бо барқ бунёду истифодаи неругоҳҳои обии барқист, бояд дуруст фаҳманд.
Дигар ин, ки халқи тоҷик ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ҳуқуқи маънавии зиндагии осудаҳолонаро дорад.
Тибқи Ойинномаи Созмони Милал ва муқаррароти дигари ҳуқуқи байналмилалӣ ҳар як кишвару халқ метавонад мустақилона аз сарватҳои табииаш барои рушду тараққиёти худ истифода намояд.
Вале ман бори дигар ба кулли мардуми минтақа муроҷиат намуда, зикр карданӣ ҳастам, ки Тоҷикистон ҳамсоягони худро ҳеҷ гоҳ бе об нахоҳад гузошт. Мо омода ҳастем, ки ҳар гуна масоили ба миён омадаро бо гуфтушуниди дӯстона ҳаллу фасл намоем.
Мардуме, ки ҳамеша ба ахлоқу одоби ҳамидаи ниёгонаш арҷ мегузорад, дар зиндагии ҳамарӯзаи хеш низ аз онҳо пайравӣ менамояд ва ҳамеша ҳаққи ҳамсояро  пос медорад. 
Имрӯз, ки таҳдиду хатарҳои басо сангине мисли терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддиру ҷинояткории фаромарзӣ ва даҳҳо дигар падидаҳои хатарнок ба худи асли зиндагии мову шумо таҳдид менамоянд, вақти он расидааст, ки мушкилоти дуюминдараҷаи сунъиро як сӯ гузошта, сари ҳамкории созанда, тақвияти эътимоду боварӣ ва таҳкими ҳамёрӣ биёем, то ба наслҳои оянда минтақаи ободу осоишта ва равобити дӯстонаву бародаронаро мерос гузорем. Роҳи ҳалли ҳамаи ин масоил – танҳо ҳамкорӣ ва фақат ҳамкорист. Тоҷикистон ҳамеша ба чунин раванд омода аст.
Кишвари мо айнан худи ҳамин усулро нисбат ба равобити худ бо кишварҳои дигари олам татбиқ менамояд: яъне мо ҷонибдори ҳамкории созанда бо ҳар кишваре мебошем, ки барои чунин равобит бо мо тайёр аст. Дар фазои пасошӯравӣ мо узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳастем, ки узвияти мо дар ин созмонҳо ва ҳамкории мо аз принсипҳое, ки ман зикр кардам, маншаъ мегирад.
Мо ният дорем, ки саҳму ширкати худро дар ҳамкорӣ бо ин созмонҳо ва кишварҳои аъзо, ва қабл аз ҳама бо Федератсияи Россия, ки шарики стратегии мост, рушду тавсеа бахшем.
Дар минтақа Тоҷикистон узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аст, ки боздеҳи иштироки мо дар кори он ба ҳар нафари кишвар возеҳу эҳсосшавандааст.
Таъмини дастаҷамъии амният, иртибототи фарохи сиёсиву иқтисодиву фарҳангӣ, ҳамёрӣ дар рушди зиндагии ҳамарӯзаи мо аз ҳадафҳои ин созмон аст ва табиист, ки Тоҷикистон манфиатдори тавсеаи ширкати худ дар кори он ва густариши равобит бо кишварҳои аъзост, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар байни онҳо мавқеи хоса дорад.
Дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон дар пиёда сохтани фаъолияти даҳҳо созмонҳои байналмилалӣ иштирок дорад, ки муҳимтаринашон Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкорӣ ва амният дар Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо мебошад.
Ташаббусҳо ва пешниҳодоти аз ҷониби онҳо пазируфташудаи кишвари мо далели манзалату мартабаи шинохташудаи Тоҷикистон аст. Аз ин лиҳоз, мо дар самти тақвияти равобити худ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Олмон ва дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон кор хоҳем кард.
Муносибатҳои мо бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки таҷдиду рушди Аврупо, Бонки осиёии рушд, Бонки рушди исломӣ ва як теъдод хазинаву фондҳои кишварҳои мухталиф хеле созандаву муваффақона сурат мегиранд.
Фаъолияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо изҳори таваҷҷӯҳ ба кори сохторҳои байналмилалие, ки ман зикр кардам ва кишварҳои узви онҳо,маҳдуд нест.
Мо талош варзидем, ки аз тариқи эҳёи равобити суннатӣ ва қадимаамон бо кишварҳои мусулмонӣ, мамолики араб ва манотиқи дигари дунё муносибатҳои хуб дошта бошем. Дар байни онҳо метавон Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҳиндустон, Туркия, Покистон ва Ҷопонро ном гирифт.
Натиҷаи он кӯшишҳост, ки имсол, баъди як моҳ, дар кишвари мо Иҷлоси вазирони хориҷаи Созмони Конфронси Исломӣ баргузор хоҳад гашт, ки худ рӯйдоди аввалине дар фазои пасошӯравист ва на танҳо барои боз ҳам  баландтар шудани эътибори байналмилалии Тоҷикистон хидмат хоҳад кард, балки василаи хубе барои ҳаллу фасли мушкилоти сершумори олами ислом хоҳад буд.
Беҳуда нест, ки чун боздеҳи он талошҳо зимни баргузории ин иҷлос шаҳри Душанбе бо қарори Созмони исломии илму фарҳангу маориф (ИСЕСКО) пойтахти фарҳанги исломӣ эълон хоҳад шуд.
Дар зимн лозим ба ёдоварист, ки ба нишони эътироф аз ибтикороти кишвари мо Маҷмаи Умумии Созмони Милал тасмим гирифт, ки конфронси байналмилалӣ оид ба ҷамъбасти нимаи аввали Даҳсолаи «Об баҳри ҳаёт», ки бо ташаббуси Тоҷикистон эълон шудааст, дар моҳи июни соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор карда шавад.
Масоили глобалӣ, аз ҷумла масъалаи об имрӯз ба ҳар як кишвари сайёра дахл дорад ва мо саъй хоҳем кард, ки натиҷаҳои ин ҳамоиши байналмилалӣ барои ҳаллу фасли ин мушкилот хизмат намояд. Бинобар ин, ширкати фаъоли мо дар кори ин созмонҳо дар асоси бисёрҷониба ва ҳамкорӣ бо аъзои онҳо дар асоси дуҷониба низ, мисли пештара, аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии мо хоҳад буд.
Табиист, ки мову шумо – чун мизбонони ин рӯйдодҳои бузурги байналмилалӣ бояд саъю талош ба харҷ диҳем, ки онҳо дар сатҳи беҳтарини меҳмоннавозии анъанавии тоҷикона гузаранд.
Сиёсати хориҷии сулҳҷуёна ва мусолиматхоҳонаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша дар ҷустуҷӯи дӯстон ва хайрхоҳон мебошад, ки стратегияи таъмини марзҳои осоиштаву ором ва ҳусни ҳамҷаворӣ ҷузъи ҷудонашавандаи он аст.
Аз ин рӯ, мусоидат дар роҳи ба эътидол овардани вазъи кунунии Афғонистони ҳамсоя ҳамеша мавриди эҳтимом ва кӯшишҳои мост. ҳақиқате мусаллам аст ва ҳеҷ ҷои шакку тардид нест, ки амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ бо амну амонӣ дар Афғонистон пайванди ногусастанӣ дорад.
Тоҷикистон, ки ҳанӯз солҳои ҷанги шаҳрвандии кишвар, сарфи назар аз душвориҳои худ, ҳамеша барои Афғонистони осоишта, сулҳхоҳ ва рушдёбанда садо баланд мекард, имрӯз низ аз паи ин ҳадафҳост.
Сохтмони роҳу пулҳо ба сӯи Афғонистони ҳамсоя, нақшаҳои боз ҳам бузургтари бунёди хатҳои барқ, роҳҳои оҳану автомобилгард, ки василаи густаришу рушди босуръати пайвандҳои мо бо мардуми ин кишвари дӯст хоҳанд буд, мисоли қавлу амали ягонаи мост.
Вале, бо тамоми қадрдонӣ аз кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки дар он низ мо шарик ҳастем, Тоҷикистон амиқан эътиқодманд аст, ки роҳу василаи сирф низомии барпо кардани сулҳ дар Афғонистон вуҷуд надорад. Аз ин рӯ дастгириву пуштибонии ҷустуҷӯи тариқаву василаҳои фарогири побарҷо намудани сулҳи комил ва пойдор дар ин кишвари азияткашида бояд мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирад.
Тоҷикистон омода аст дар ин роҳ ҳамаи имконоти хешро ба миён гузорад ва агар ҳатто қисмате аз таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон дар ин ҷода муфид бошад, мо истифодаи онро дар ин кори хайр дареғ нахоҳем дошт.
Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Дар роҳи бунёди давлати воқеан соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ки ҷавобгӯ ба ниёзҳо ва орзуву ормонҳои миллии мо бошад, ҳадафҳо ва самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат муайян карда шудаанд ва онҳо барои ҳама возеҳанд.
Бояд гуфт, ки ҳангоми муайян намудани вазифаҳои ҳукумат дар давраи кӯтоҳмуддат ва дарозмӯҳлат мо дар баробари бардошти хулосаҳо аз таҳлили ҳамаҷонибаи раванду тамоюлҳо ва вазъи имрӯзаи иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву ҷамъиятӣ, фарҳангиву ҳуқуқӣ ва робитаҳои хориҷии кишвар, инчунин масъалаҳое, ки ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии мамлакат ҳаллу фасли онҳоро дар барномаҳои пешазинтихоботии худ зикр намуда буданд, ба инобат гирифта мешаванд.
Мо барои бартараф кардани мушкилоти мавҷуда ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, ки дар натиҷаи он беҳбудии сатҳи зиндагии мардуми кишвар низ таъмин хоҳад гашт, тамоми захираву имкониятҳои дар ихтиёр доштаамонро равона кардаем. 
Дар марҳалае, ки татбиқи ҳадафҳои стратегии давлати Тоҷикистон тадриҷан наздик мегардад ва бинобар торафт шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳои мухталиф ҳифзи истиқлолияти давлативу миллӣ беш аз пеш моҳияту аҳамияти нав пайдо кардааст, иҷрои саривақтиву самарабахши вазифаҳо, дастуру супоришоти додашуда ва ҳаллу фасли масъалаҳои зикргардида, ки ҳама аз сиёсати дохиливу хориҷии давлати соҳибистиқлоламон бармеоянд ва ба фаъолияти ояндасози Маҷлиси Олӣ, ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобастаанд, моро аз мушкилот раҳо хоҳанд кард.
Албатта, барои пешрафту тараққиёт ва ободии кишвар, пеш аз ҳама, суботи устувори сиёсиву ҷамъиятӣ зарур аст ва аз мову шумо, сарфи назар аз сатҳи мансаб, касбу кор, мансубияти ҳизбӣ, инчунин аз ҳар фарди ватандӯсту ватанпарвар, ки дар вуҷуди худ нангу номуси миллӣ дошта, ободии Ватани хешро мехоҳад, тақозо мегардад, ки ваҳдати миллӣ ва оромиву суботи сиёсии ҷомеаро аз тамоми манфиатҳои  шахсиву гурӯҳӣ ва ҳизбӣ боло гузошта, ҳамеша барои ҳифзи онҳо азму талош намояд.
Инчунин мову шумо бояд бо дарки масъулияти баланд дар назди халқу давлати худ дар роҳи эъмори як давлати соҳибистиқлоли ҷавобгӯ ба ҳамаи ниёзҳо ва ормонҳои миллӣ, инчунин хизмати содиқонаву беғаразона ба манфиати халқу Ватанамон тамоми маҳорату малакаи худро равона карда, ба иҷрои кору вазифаи худ ҳамеша бо дасту дилу нияти пок муносибат намоем. 
Соли оянда мо бо мардуми шарифи кишвари худ 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Аз ин рӯ, бояд ҳар як хизматчии давлатӣ, ҳар як фарди худогоҳу худшинос, ҳар шахси бонангу номус, дар баробари заҳмати самаранок ба хотири пешрафту тараққиёти кишвар, инчунин ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳамроҳ шуда, беш аз пеш дар ободсозии сарзамини аҷдодии худ саҳмгузор гардад.
Маҳз дар ҳамин замина мо рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, ободиву шукуфоии онро таъмин карда, халқи худро ба зиндагии босаодат ва шоиста расонида метавонем.
Дар ин роҳ ба ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ ва ҳамаи ҳамватанони азизамон барори кор ва сарбаландӣ мехоҳам.
Ба даргоҳи Худованди мутаол дуо мекунам, ки сулҳу суботи Ватани азизи моро нигаҳбон бошад, сарзамини зебои моро ҳамеша дар паноҳи офияташ нигоҳ дорад ва ҳар як фарди Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба муроду мақсадаш расонад.
Саломат бошед!