Пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба суботи оромии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун вобаствагии бевосита дорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
19 Апрель 2017 (13:03)
13 Март 2017 (07:09)
3 Февраль 2017 (11:58)
23 Январь 2017 (09:37)
14 Ноябрь 2016 (06:56)
Такмили Конунгузории Чумхурии Точикистон

Асосҳои қонунгузорӣ
Паёми Президенти ҶТ аз 15 апрели соли 2009

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, 15 апрели соли 2009
Ҳамватанони азиз!
Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва
вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳозирини арҷманд!
Паёми имсолаи Президент ба мақоми олии қонунгузор дар марҳала ва шароите пешниҳод мегардад, ки саросари ҷаҳонро бӯҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ фаро гирифта, ба рушди тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон низ таъсири манфии худро расонида истодааст.
Дар ин маврид, пеш аз ҳама бояд зикр кард, ки Тоҷикистон дар давоми солҳои охир, яъне то фаро расидани давраи бӯҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба марҳалаи рушди устувори иқтисодӣ ворид шуда, дар  самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба хеле дастовардҳо ноил гардид.
Аз ҷумла, соли гузашта бо вуҷуди сардии тӯлонӣ ва бесобиқаи зимистон, камобиву хушксолӣ, камбудии шадиди нерӯи барқ ва болоравии нархҳои сӯзишвориву маводи ғизоӣ нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар раванди мусбат пайдо карда, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 2007-ум 8 фоиз зиёд шуд ва ҳаҷми афзоиши он дар давоми панҷ соли охир 46 фоизро ташкил намуд.
Дар соли 2008  маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ нисбат ба соли 2007-ум 35 фоиз афзоиш ёфта, маблағгузории асосӣ 77 фоиз ва сармоягузории хориҷӣ 15 фоиз  зиёд  гардид. Сатҳи солонаи таваррум 1,7 маротиба коҳиш ёфта,  ба 11,8 фоиз баробар  шуд.
Ҳамчунин даромади солонаи аҳолӣ 34 фоиз, музди миёнаи меҳнати ҳар як корманд 28 фоиз, ҳаҷми миёнаи нафақа қариб 2 маротиба афзуд; музди меҳнати кормандони соҳаҳои тандурустӣ 60 фоиз, илм, фарҳанг ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ 50 фоиз, маориф ва дигар соҳаҳои буҷетӣ 40 фоиз, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ қариб 2 маротиба зиёд карда шуд; дар давоми сол дар маҷмӯъ беш аз 104 ҳазор ва дар панҷ соли охир зиёда аз 510 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шуданд.
Барои рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар ин давра иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми соли гузашта бармеоянд, заминаи воқеӣ гузошт.
Дар доираи онҳо як қатор тадбирҳои мушаххас мавриди амал қарор гирифта, устувории макроиқтисодӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди соҳаҳои афзалиятнок, дастгирии бахши воқеии иқтисод, соҳибкорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин карда шуданд.
Бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз ҳисоби маблағҳои буҷет дар соли сипаришуда зиёда аз 5 миллиард сомонӣ сарф карда шуд, ки ин нисбат ба соли 2007-ум 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ ё 47 фоиз зиёд аст.
Мо захираву имкониятҳоямонро хуб медонем ва хуб эҳсос  мекунем, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайянкардаамон чӣ корҳоро бояд анҷом диҳем ва кадом монеаҳоро бартараф созем.
Аз ин лиҳоз, мехостам дар Паёми имсола ба хотири нигоҳ доштани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат андешаҳои худро доир ба вазъи ҳозираи иқтисоди кишвар, роҳҳои то ҳадди имкон кам кардани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ баён намоям.
Нишонаҳои таъсири бӯҳрони молиявӣ ба иқтисоди мо ҳанӯз дар семоҳаи охири соли гузашта ҳис карда мешуданд.
Паст шудани суръати рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва кам шудани талабот ба молҳои содиротии мо (аз ҷумла пахта ва алюминий) боиси аз 30 то 50 фоиз поён рафтани нархи онҳо ва кам шудани воридоти асъори хориҷӣ ба кишвар гардид. 
Нишонаҳои таъсири бӯҳрони молиявӣ ба иқтисодиёти мо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бештар зоҳир гардиданд. Яке аз онҳо иҷро нагардидани нақшаи семоҳаи қисми даромади буҷети давлатӣ мебошад, ки дар ҳашт соли охир бори аввал ба миён омад.
Ҳарчанд ки афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар се моҳи аввали соли 2009-ум зиёда аз сеюним фоизро ташкил кард, вале таҳлилҳои пешакӣ нишон медиҳанд, ки дар соли ҷорӣ афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинигардида то андозае паст мегардад.
Ҳукумат аз рӯзҳои аввали саршавии таъсири бӯҳрон ба иқтисоди мамлакат як қатор чораҳои таъхирнопазир андешид ва барои ҳалли таъҷилии проблемаву масъалаҳои мавҷуда мунтазам фаъолият карда истодааст.
Комиссияи зиддибӯҳронии Ҳукумат нақшаи чорабиниҳои аввалиндараҷаро таҳия карда, татбиқи амалии онро оғоз намуд, ки дар доираи ин нақша соли ҷорӣ бо мақсади дастгирии буҷети давлатӣ аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ зиёда аз 280 миллион сомонӣ маблағҳои грантӣ ҷалб карда шуда, доир ба ҷалби дигар маблағҳои иловагӣ гуфтушунидҳо идома доранд.
Инчунин, ҷиҳати дастгирии тавозуни пардохт ва низоми пулии кишвар аз ҳисоби Хазинаи байналмилалии асъор 300 миллион сомонӣ ҷалб карда хоҳад шуд.
Бо мақсади суръат бахшидан ба ислоҳоти иқтисодӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба Ҳукумат ва Бонки миллӣ зарур аст, ки ҳамкории худро бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Тараққиёт ва дигар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ тақвият бахшанд.
Инчунин, Ҳукумат бояд бо дарназардошти идома ёфтани бӯҳрони молиявӣ ва ба бӯҳрони фарогири иқтисодӣ мубаддал гардидани он бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда нақшаи тадбирҳои иловагии зиддибӯҳрониро барои давраи кӯтоҳмуддат таҳия карда, иҷрои вазифаҳои зеринро амалӣ намояд:
- таъмини устувории макроиқтисодӣ, ки тадбирҳои заруриро дар самти сиёсати пуливу қарзӣ ва андозу буҷет дарбар мегирад;
- рушди бахшҳои воқеии иқтисод, аз ҷумла соҳибкории хурду миёна;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби ҳарчи бештари сармоягузориҳо;
- ташкили ҷойҳои нави корӣ, дастгирии бозори меҳнат ва ба он ҷалб намудани шумораи ҳарчи зиёдтари бекорон;
- таъмини ҳатмии чорабиниҳои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ.
Ба роҳбарони вазорату идораҳо, бахусус Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки мувофиқи вазъи имрӯзаи иқтисодиёт доир ба иҷрои буҷети давлатӣ чораҳои таъхирнопазир андешида, воридоти тамоми  намудҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмиро таъмин созанд.
Дар баробари ин, имтиёзҳои амалкунандаро доир ба андоз таҳлилу баррасӣ карда, ба Ҳукумати кишвар доир ба самаранокии онҳо хулосаҳои асоснок пешниҳод намоянд.
Вазъи баамаломада Ҳукумати мамлакатро водор месозад, ки масъалаи аз нав дида баромадани захираҳои моддиву молиявиро бо мақсади ба соҳаҳои афзалиятнок равона сохтани онҳо баррасӣ карда, оид ба ворид намудани тағйироти дахлдор ба Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» пешниҳодоти худро ба Маҷлиси намояндагон манзур намояд.
Таъкид месозам, ки ӯҳдадориҳои давлат дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пардохти музди меҳнат, баланд бардоштани маош дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, пардохти нафақа, стипендия, ҷубронпулиҳо ва дигар кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ новобаста аз вазъи бамиёномада пурра таъмин карда мешаванд.
Дар самти истифодаи самарабахшу мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини низоми қатъии молиявӣ Вазорати молия бояд якҷо бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои буҷетӣ хароҷоти воқеии буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро муайян карда, истифодаи маблағҳои буҷетиро назорат намояд.
Инчунин, ба роҳбарони ҳамаи мақомоти идоракунии давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ супориш дода мешавад, ки доир ба пешгирӣ намудани хароҷоти дуюмдараҷа барои хоҷагидорӣ, таъмир, хариди таҷҳизоту нақлиёт, сафарҳои хизматӣ, зиёд намудани штатҳои мансабӣ, чорабиниҳое, ки дар шароити кунунӣ афзалият надоранд, исрофкорӣ ва дигар хароҷот тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Сиёсати молиявӣ ислоҳоти воқеан ҷиддиро тақозо менамояд ва он бояд дар доираи барномаи махсус амалӣ карда шавад. Дар асоси он бояд ислоҳоти идоракунии молияи давлат, шаффофият, самаранокӣ ва назорати қатъии қисмҳои даромаду хароҷоти буҷети давлатӣ, беҳтар намудани раванди ташаккули буҷет ва ислоҳоти андоз таъмин гардад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки татбиқи Стратегияи ягонаи идоракунии молияи давлатӣ тақвият бахшида шавад.
Солҳои охир Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани ҳавасмандии бахши воқеии иқтисод як қатор чорабиниҳоро амалӣ гардонид.
Меъёрҳои андоз аз фоида ва андози иҷтимоиро аз 35 фоиз то 25 фоиз,  андоз аз фурӯши  нахи пахтаро аз 25 то  10 фоиз паст намуда, бунёди иншооти энергетикӣ, корхонаҳои коркарди ниҳоии нахи пахта, воридоти таҷҳизоту технологияҳои муосири истеҳсолӣ ва техникаи кишоварзӣ, аз ҷумла бахши пахтакориро аз пардохтҳои гумрукиву андозӣ озод карда, меъёри андоз аз даромади шахсони воқеӣ аз 25 фоиз то 13 фоиз кам карда шуд.
Барои ҷалби сармоягузориҳо ва рушди соҳибкории хурду миёна имтиёзҳои зиёд пешбинӣ шуда, дар соҳаи кишоварзӣ андозбандии ягонаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ ҷорӣ гардид. Ҳамчунин бахши пахтакорӣ аз гирифтани ҳама гуна иҷозатномаҳо озод карда шуд.
Бо вуҷуди ин, масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ аз фаъолияти самараноки бахши воқеии иқтисодиёт ва рушди соҳибкории хурду миёна вобаста буда, он ба дастгирии давлатӣ эҳтиёҷманд мебошад.
Ҷиҳати пешгирии таъсири бӯҳрони молиявию иқтисодӣ, фароҳам  овардани фазои мусоид ва ҳавасмандгардонии сармоягузории ватаниву хориҷӣ ва диверсификатсияи содироти мол барои истеҳсолкунандагони ватанӣ ва соҳибкории хурду миёна пешниҳод намудани имтиёзҳои иловагӣ доир ба андоз мувофиқи мақсад мебошад.
Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумат супориш дода мешавад, ки оид ба кам кардани меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 20 ба 18 фоиз, андоз аз фоида аз 25 ба 15 фоиз ва бартараф намудани дигар монеаҳо доир ба андозбандӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия ва пешниҳод намояд. Инчунин, барои андозсупорандагоне, ки тибқи низоми соддакардашуда фаъолият менамоянд, ҳадди ниҳоии даромади умумӣ аз 600 ҳазор сомонӣ ба 800 ҳазор сомонӣ расонида шавад.
Бо дарназардошти нақши муҳими низоми бонкӣ дастгирии минбаъдаи он бо истифодаи фишангҳои иқтисодӣ бояд идома ёбад. Барои амалӣ сохтани сиёсати пурсамари пуливу қарзӣ ва таъмини рушди низоми бонкӣ, такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба пурзӯр намудани назорат аз болои фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ дар самти идоракунии дороиҳо ва ӯҳдадориҳо, таъмини пардохтпазирӣ, паст кардани сатҳи хавфҳои бонкӣ, ки ҳамаи ин тадбирҳо ба устувории низоми бонкии кишвар равона шудаанд, зарур шуморида мешавад.
Бо мақсади таъмини рушди соҳибкории хурду миёна, воридоти технологияҳои муосир, афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва дар ин асос зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ ба Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ зарур аст, ки соли ҷорӣ низ ҳаҷм ва теъдоди қарзҳоро зиёд намоянд.
Дар ду соли охир маблағи умумии қарзҳои пешниҳодшуда аз 2 миллиарду 300 миллион ба 4 миллиарду 800 миллион сомонӣ ва теъдоди қарзгирандагон аз 180 ҳазор ба 400 ҳазор нафар расид, ки ин ҳоло ҳам кам аст.
Қарзҳои аз ҷониби бонкҳо барои рушди соҳибкории хурду миёна додашуда соли гузашта 62 фоиз афзуда, дар се моҳи соли ҷорӣ низ тамоюли зиёдшавӣ доранд.
Чанд рӯз пештар ҳангоми мулоқот бо роҳбарони Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратии мамлакат, онҳо изҳор доштанд, ки сарфи назар аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ҳаҷми пешниҳоди қарзҳоро нисбат ба соли гузашта то 25 фоиз зиёд менамоянд, ки ин, албатта,  қобили дастгирист.
Ба бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарздиҳии ғайрибонкӣ тавсия дода мешавад, ки  вобаста ба поён рафтани сатҳи таваррум фоизи қарзҳои пешниҳодшавандаро таҷдиди назар карда, маблағҳои мавҷударо бештар барои дастгирии бахши воқеии иқтисод, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ равона созанд. Илова бар ин, содда кардани раванди қарздиҳӣ ва ҳуҷҷатгузории он ба мақсад мувофиқ мебошад.
Ҷиҳати дастгирии минбаъдаи низоми бонкӣ ба Бонки миллӣ супориш дода мешавад, ки фоизи қарзҳои ба бонкҳо додашавандаро аз 12 ба 10 фоиз ва меъёри захираҳои ҳатмиро аз 10 ба 8 фоиз кам намуда, барои таъмини пардохтпазирии бонкҳо чораҳои зарурӣ андешад. 
Инчунин  назорати ҳаррӯзаи вазъи молиявии бонкҳои тиҷоратиро таъмин карда, дар мавриди зарурӣ тадбирҳои дахлдорро амалӣ намояд.
Бонкҳои тиҷоратӣ ба масъалаҳои ҷалби сармоя, зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ, бахусус барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва таъмини бозгашти қарзҳои додашуда бояд диққати ҷиддӣ диҳанд.
Дар самти таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар такмили сиёсати инвеститсионӣ ва ҳарчи бештар ҷалб намудани сармоягузориҳо аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад. Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ ҳоло дар мамлакат зиёда аз 60 лоиҳа амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 6 миллиарду 400 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар заминаи лоиҳаҳои инвеститсионии давлатӣ ва сармоягузории мустақим ба масъалаҳои таъмини пурраи эҳтиёҷоти кишвар бо нерӯи барқ ва рушди инфраструктураи он аҳамияти аввалиндараҷа дода хоҳад шуд.
Вобаста ба ин, зарур шуморида мешавад, ки тартиби иштироки шаҳрвандон ва корхонаву ташкилотҳои ватанӣ дар бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва иншооти инфраструктурӣ бо дарназардошти масъалаҳои ҳавасмандгардонии онҳо муайян карда шавад. Ҳукумати мамлакат бояд ҷиҳати беҳтар сохтани нишондиҳандаҳои рейтингҳои байналмилалӣ ва мусоид гардонидани фазои инвеститсионии кишвар чораҳои мушаххас андешад ва иҷрои саривақтии тадбирҳои дахлдорро таъмин намояд.
Дар баробари ин, бо дарназардошти воридоти зиёди сармояи хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ ба Ҳукумат ва парламенти кишвар зарур аст, ки дар масъалаи ҳамроҳ шудан ба санадҳои дахлдори байналмилалӣ доир ба ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон чораҳои мушаххас андешанд.
Бо пешниҳоди Шӯрои машваратии назди Президент оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» аз ҷониби Ҳукумат маъқул дониста шуданд ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки қабули ин се қонун барои беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои эътибори байналмилалии Тоҷикистон дар самти пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ таъсири мусбат расонида, ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари сармоягузории хориҷӣ ва ташвиқи аҳолӣ ба соҳибкорӣ мусоидат хоҳад кард.
Аз ин лиҳоз, аз шумо -  вакилони мардумӣ, хоҳиш карда мешавад, ки санадҳои мазкурро ҳарчи зудтар баррасӣ намоед.
Ҳамчунин, сохторҳои марбутаи Ҳукумати мамлакат бояд низоми шаффофи идораи дороиҳои давлатиро фаъол гардонида, моликияти давлатиро ба рӯйхат гиранд ва махзани ягонаи маълумоти онро ташкил намоянд.
Ғайр аз ин, низоми наву пурсамар ва шаффофи ба фурӯш омода сохтани ҳар як муассиса ва иншоот таҳия гардида, барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои хусусишуда ва ӯҳдадориҳои сармоягузорон бояд омӯзишу назорати доимии масъулияти соҳибмулкони нав таъмин  карда шавад.
Дастгирии соҳибкории хурду миёна яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии давлати мо мебошад. Аз ин рӯ, бо мақсади дастгирӣ ва рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна, аз байн бурдани санҷишҳои беасос ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ аз моҳи июли соли 2008 бо Фармони Президент ба ҳамаи намудҳои санҷишҳои субъектҳои соҳибкории хурду миёна ба муддати ду сол мораторий эълон карда шуд.
Инчунин ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия супориш дода шудааст, ки дар давоми соли ҷорӣ аз санҷиши фаъолияти молиявии бахши хусусӣ худдорӣ намояд.
Лекин ин дастгириро набояд танҳо ҳамчун имтиёз, ҳавасмандкунӣ ва ё кӯмаки моддӣ ҳисоб кард. Дар баъзе мавридҳо ин лозим аст, вале муҳимтар аз ҳама он аст, ки монеаҳои сунъии маъмурӣ ва коррупсия ҳарчи зудтар аз байн бардошта шаванд.
Дар навбати аввал, мо бояд масъалаҳои содда намудани расмиёти оғоз кардан ва пешбурди фаъолияти соҳибкориву тиҷоратро ҳаллу фасл намоем.
Аз ин рӯ, соддагардонии қоидаҳои маъмурӣ нисбат ба субъектҳои соҳибкорӣ вазифаи муҳим мебошад. Дар ин самт бояд ҳам заминаи қонунгузорӣ ва ҳам тафаккури мансабдорон тағйир дода шавад.
Мо бояд дарк намоем, ки пешрафти соҳибкории хурду миёна ин зиёдшавии ҷойҳои корӣ ва умуман роҳи пурсамари ҳалли бисёр масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки низоми иҷозатномадиҳӣ дар кишварамон ҳоло ҳам мураккаб аст.  Принсипи «равзанаи ягона» бояд дар муомила бо соҳибкорон амри воқеӣ бошад ва дар ин ҷода шароите бояд муҳайё сохт, ки ҳар як соҳибкор ва ҳар як шаҳрванди хоҳишманд тавонад дар муддати кӯтоҳтарин
ҳуҷҷатҳои марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷорати худро аз қайд гузаронида, ба фаъолият шурӯъ намояд.
Бо мақсади боз ҳам содда гардонидани қоидаҳои бақайдгирии давлатии субъектҳои хоҷагидорӣ ҷорӣ кардани усули нави бақайдгирӣ, яъне тарзи маълумотдиҳӣ қобили қабул аст. Ин тарзи муомила сатҳи боварии мутақобилаи сохторҳои давлатӣ ва соҳибкориро баланд хоҳад бардошт.
Вақти он расидааст, ки муқаррароти гирифтани ҳама гуна иҷозатро бо роҳи қабули қонуни дахлдор ба низом дароварда, танҳо иҷозатҳое нигоҳ дошта шаванд, ки ба таъмини бехатарии ҳаёту саломатии шаҳрвандон ва амнияти иқтисодии мамлакат нигаронида шудаанд.
Бинобар ин, Ҳукумат вазифадор карда шудааст, ки бо иштироки васеи намояндагони бахши хусусӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва Шӯрои ҷамъиятӣ дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин барномаи махсуси беҳбуди фазои соҳибкориро таҳия карда, татбиқи амалии онро таъмин намояд.
Дар баробари ин, аз соҳибкорон ва ҳар фарди бонангу номуси миллат тақозо мегардад, ки дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ бо истеҳсоли маҳсулоти қобили рақобат, воридоти технологияҳои муосири истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, инчунин вобаста ба пардохти саривақтии андоз ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ иҷрои ӯҳдадориҳои худро бо эҳсоси масъулияти баланд дар назди давлат ва ҷомеа таъмин намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ моро водор месозад, ки  иқтисоди воқеии кишварро мавриди таҷдид ва азнавсозӣ қарор диҳем. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ доир ба рушди иқтисоди воқеӣ низоми муқарраршудаеро тақозо мекунад, ки он афзоиши бемайлони истеҳсоли маҳсулоти арзиши иловагиаш баландро дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ  дарбар мегирад.
Дар чунин ҳолат танҳо ба қудрати бозор умед бастан ҷоиз нест. Ҳукумат бояд бештар ба сатҳи иқтисоди воқеӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда, фаъолона ба диверсификатсияи иқтисодиёт шурӯъ намояд.
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар кишварамон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли  2008-ум  8,2 фоиз коҳиш ёфт.
Яке аз сабабҳои пастравии истеҳсолоти саноатӣ - нарасидани қувваи барқ аст, зеро саноат ҳамчун соҳаи энергияталаб маҷбур буд, ки дар низоми қатъии сарфаи нерӯи барқ фаъолият намояд.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук, кимиё ва металургияи ранга, саноати сохтмон ва озуқаворӣ кам гардид. Ҳамзамон истифодаи иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои мавҷуда ҳанӯз ҳам дар сатҳи паст қарор дорад. Аз ҷумла, соли гузашта 12 фоизи корхонаҳои саноатӣ фаъолият накарданд.
Ҳарчанд ки дар ҷараёни ислоҳоти соҳаи саноат солҳои охир барномаҳои зиёди рушди бахшҳои ҷудогона, аз қабили барномаҳои истихроҷу коркарди сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо, рушди саноати сабук, коркарди пурраи алюминийи аввалия,  нахи пахта ва монанди инҳо қабул гардида, соли гузашта қариб 140 корхонаҳои саноатӣ ба кор шурӯъ карданд ва дар онҳо 3700 ҷои нави корӣ ташкил гардид, вале барномаҳои зикршуда то ҳол дар сатҳи зарурӣ иҷро нашудаанд.
Бо дарназардошти чунин вазъ, ба Вазорати энергетика ва саноат, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зарур аст, ки доир ба бартараф намудани камбудиву мушкилоти дар ин соҳа ҷойдошта чораҳои таъхирнопазир андешад.
Ҳоло ҷиҳати инкишофи соҳаҳои саноати маъдан ва саноати сабук, бахусус коркарди пурраи алюминийи аввалия, нахи пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин вусъати истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ дар кишвар сохтмони якчанд корхона ва бо технологияи муосир таҷҳизонидани онҳо оғоз шудааст.
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бо дарназардошти корхонаҳои аз фаъолият бозмонда беш аз 90 корхонаи  нав ба кор шурӯъ намуд. Ҳоло корхонаҳои соҳа имконият доранд, ки 14 ҳазор нафарро бо кор таъмин намоянд.  
Дар панҷ соли охир барои рушди соҳаҳои стратегии кишвар аз ҷумла, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия, кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ зиёда аз 7 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
Илова бар ин, дар се соли оянда маблағгузории онҳо ба андозаи 50 фоиз афзоиш ёфта, ҷудо намудани беш аз 10 миллиард сомонӣ дар назар дошта шудааст. Дар сатҳи устувор нигоҳ доштани рушди иқтисодӣ, таъмини иҷрои барномаҳои мухталифи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ки аз Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015-ум бармеоянд, аз ҳалли мушкилоти энергетикии кишвар вобаста мебошад ва дар ин самт бояд вазифаҳои зерин амалӣ карда шаванд:
Якум, бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна ва бузург, хатҳои интиқоли қувваи барқ ва таъсиси системаи ягонаи энергетикии мамлакат.
Дуюм, бо роҳи таъмиру таҷдиди иншооти гидроэнергетикӣ ва барқарорсозии иқтидори онҳо, инчунин шабакаҳои интиқоли барқу газ, гузаштан ба истифодаи технологияҳои каммасрафи энергия ва таъмин кардани рушди бонизоми соҳаи энергетика. 
Сеюм, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ва ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ дар давоми се соли оянда пурра бо гази табиии истеҳсоли худӣ ва дар чор соли оянда бо нерӯи барқ таъмин кардани эҳтиёҷоти мамлакат ва дар ҳамин асос таъмин намудани истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон.
Ҳоло Ҳукумат барои барқарор намудани иқтидорҳои мавҷудаи энергетикӣ ва сохтмони иншооти нави соҳа, инчунин ҷалби сармоягузории хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ ҳамаи корҳои заруриро анҷом дода истодааст. 
Дар айни ҳол сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии Роғун, Сангтӯда -1 ва Сангтӯда-2 босуръат идома дорад; моҳҳои наздик нерӯгоҳи Сангтӯда-1 пурра ба истифода дода мешавад; бунёди нерӯгоҳи Сангтӯда-2 соли 2011-ум ба анҷом расонида хоҳад шуд.
Дар давоми солҳои охир дар мамлакат 150 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифт, ки дар натиҷа таъминоти аҳолии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо барқ хеле беҳтар гардид.
Дар доираи Барномаи давлатии сохтмони нерӯгоҳҳои хурд дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 15 нерӯгоҳ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд ва бунёди 26 нерӯгоҳи хурди дигар босуръат идома дорад. То охири сол дар маҷмӯъ 50 нерӯгоҳи хурд сохта, ба истифода дода мешавад.
Ҳоло таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии Норак, ки 36 сол инҷониб бе таъмир фаъолият карда истодааст, бо сарфи 450 миллион сомонӣ идома дорад ва ин кор дар зарфи панҷ соли оянда пурра анҷом дода хоҳад шуд.
Бояд таъкид кард, ки барқарорсозӣ ва таҷдиди пурраи нерӯгоҳҳои Норак, Қайроққум ва маркази барқу гармидиҳии Ёвон имконият медиҳад, ки дар мамлакат зиёда аз 400 мегаватт иқтидори иловагии қувваи барқ ба даст оварда шавад, ки ин нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи “Сангтӯда-2 ду баробар зиёд аст.
Дар айни ҳол ҷиҳати таҷдиди силсилаи нерӯгоҳҳои дарёи Вахш ва Варзоб корҳои омодагӣ шурӯъ гардидаанд ва баъди пурра анҷом ёфтани онҳо иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳҳои зикршуда ба таври илова 70 мегаватт меафзояд.
Ҳамзамон бо ин, Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати “Барқи Тоҷик” якҷо бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ масъалаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои «Нуробод-1», «Нуробод-2», Санобод, Айнӣ ва Шӯроб, инчунин маркази нави барқу гармидиҳиро бо истифодаи ангишт дар шаҳри Душанбе мавриди омӯзиш қарор дода, таҳияи ҳуҷҷатҳои асосноксозии техникиву иқтисодии онҳоро идома дода истодаанд.
Ҷиҳати таъсиси системаи ягонаи энергетикии мамлакат сохтмони хатти интиқоли барқи 200-киловолтаи «Лолазор - Хатлон» соли 2008-ум пурра ба итмом расида, бунёди хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи «Ҷануб - Шимол», ки ба масофаи 386 километр кашида мешавад, якуним сол пеш аз мӯҳлат,  яъне то охири соли ҷорӣ ба анҷом расонида мешавад.
Доир ба истифодаи дурнамои рушди соҳаи газ ва истифодаи захираҳои он бояд гуфт, ки  ҳамкорӣ дар мавриди пешбурди корҳои ҷустуҷӯиву иктишофӣ бо 15 ширкату корхонаҳои ватанию хориҷӣ дар 87 кону майдонҳои нафту газ идома дорад.
Дар соли 2008-ум дар  вилояти Хатлон  ду шаҳр - Қӯрғонтеппаву Сарбанд ва се ноҳия бо гази истеҳсоли худӣ таъмин карда шуданд. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ дар майдонҳои нафту газдори атрофи шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон корҳои ҷустуҷӯӣ- геологӣ босуръат идома доранд.
Бо мақсади ҳарчи бештар бо газ қонеъ гардонидани талаботи кишвар ва ба эътидол овардани вазъи шабакаҳои он бояд сохторҳои марбута якҷо бо сармоягузорони дохиливу хориҷӣ доир ба барқарорсозӣ ва мавриди истифода қарор додани чоҳҳои мавҷудаи газ ва ҷустуҷӯи геологии конҳои дигар чораҳои зарурӣ андешанд.
Самти дигари муҳими таъмини бехатарии энергетикӣ – истифодаи васеъ аз манбаъҳои ғайримуқаррарӣ ва барқароршавандаи энергия мебошад.
Доир ба ин масъала дар Паёми соли гузашта изҳори назар карда будам ва ҳоло бори дигар таъкид менамоям, ки ҷиҳати таъмини фаъолияти пурсамари тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон бо нерӯи барқу гармӣ Вазорати энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бояд якҷо бо дигар вазорату идораҳои дахлдори кишвар оид ба истифодаи васеи манбаъҳои истеҳсоли энергия, аз ҷумла ангишт, ки Тоҷикистон аз он хеле бой мебошад, инчунин дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия тадбирҳои мушаххас андешанд.
Мо минбаъд низ ҷиҳати расидан ба ҳадафи стратегии худ - ба даст овардани истиқлолияти энергетикии кишвар саъю талош хоҳем кард, то ин ки захираҳои гидроэнергетикии мамлакат ҳарчи бештар ба нафъи мардуми кишвар ва минтақа истифода бурда шаванд.
Дар шароити иқтисоди бозорӣ ва махсусан, бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ мувофиқи захираву имкониятҳои кишвар ба роҳ мондани истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ, пеш аз ҳама барқу газ ва об аҳамияти бузург дорад.
Вақти он расидааст, ки бо ҳамаи роҳу усулҳои имконпазир сарфи беҳуда ва талафоти нерӯи барқ, гази табиӣ, гармӣ ва обро пешгирӣ намоем. Зеро ҳаёт тақозо дорад, ки мо дар ҳама бобат сарфакор бошем.
Мо  бояд ба маданияти истифодабарӣ ва сарфакории нерӯи барқу газ ва об эътибори ҷиддӣ диҳем. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Аврупо чунин «маданияти энергетикӣ»-ро дар мактабҳо аз синни хурдсолӣ тарғиб менамоянд.
Ё худ дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо тавассути қабули қонуни махсус фурӯши лампаҳое, ки барқи зиёдро масраф мекунанд, давра ба давра манъ карда шудааст.
Истифодаи лампаҳои каммасрафи замонавӣ харҷи нерӯи барқро то 5 маротиба кам мекунад ва илова бар ин, мӯҳлати кори онҳо 8-10 маротиба зиёдтар аст.
Инчунин мехостам доир ба таҷрибаи кишвари Дания ёдовар шавам. Дар ду даҳсолаи охир бо роҳи амалӣ намудани  барномаи сарфаҷӯии энергия ва баланд бардоштани маданияти истифодабарии он кишвари мазкур тавонистааст, ки бе масрафи зиёдатии захираҳои энергетикӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии худро ду баробар афзун созад.
Аксари шумо  аз бӯҳрони энергетикии солҳои 70-уми асри гузашта дар кишварҳои Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Канада ва Япония огоҳед. Кишварҳои мазкур тавонистанд, ки дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ дар як муддати кӯтоҳ масрафи  нерӯи барқро аз 4 то 14 фоиз  кам созанд.
Норасоии қувваи барқ дар кишварамон соле 4,5 миллиард киловатт соатро ташкил медиҳад ва яке аз роҳҳои паст кардани шиддати он ба таври васеъ ҷорӣ намудани истифодаи таҷҳизоти каммасраф мебошад.  
Дар масъалаи истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ мехоҳам таваҷҷӯҳи шумо ва мардуми шарифи Тоҷикистонро ба натиҷаҳое, ки танҳо бо амалӣ сохтани як чорабинӣ, яъне иваз намудани лампаҳои имрӯза ба лампаҳои каммасраф ба даст меоянд, ҷалб намоям.
Имрӯз дар кишвар муштариёни маишии қувваи барқ зиёда аз як миллион, яъне оиларо ташкил медиҳад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар ҳар як хоҷагӣ ба ҳисоби миёна 8 адад лампаҳои имрӯзаи иқтидори умумиашон 800 ваттро дар давоми як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 12 соатӣ истифода намояд, он гоҳ дар давоми сол масрафи умумии аҳолӣ дар маҷмӯъ 3 миллиарду 620 миллион киловатт-соатро ташкил медиҳад.
Дар сурати истифода намудани 8 лампаи каммасраф дар як сол хароҷоти умумии аҳолӣ ба 506 миллион киловатт-соат баробар мешавад.
Яъне бо лампаҳои каммасраф иваз намудани лампаҳои ҳозира сарфаи нерӯи барқ танҳо аз ҳисоби аҳолии кишвар ба 3 миллиарду 120 миллион киловатт-соат баробар мешавад, ки он ба ҳаҷми истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии иқтидораш 810 мегаватт баробар аст.
Илова бар ин, дар кишвар гурӯҳи истифодабарандагони нерӯи барқ, яъне корхонаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва корхонаҳои тиҷоратӣ мавҷуданд, ки шумораи онҳо ба 33 ҳазор мерасад.
Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки дар кишвар имрӯз 241 ҳазор оилаи камбизоат ба қайд гирифта шуда, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба онҳо барои хизматрасониҳои коммуналӣ ҷубронпулӣ пардохта мешавад.
Дар сурати  бо 8 лампаи каммасраф таъмин намудани ҳар як оилаи камбизоат хароҷоти умумӣ ба 25 миллион сомонӣ баробар мегардад. Дар мавриди истифодаи лампаҳои имрӯза ҳаҷми барқи истифодашуда 845 миллион киловатт-соат ва дар сурати ба роҳ монда шудани истифодаи лампаҳои каммасраф ҳаҷми он 101 миллион киловатт-соатро ташкил медиҳад, яъне 744 миллион киловатт фарқ мекунад.
Дар чунин ҳолат оилаҳои камбизоат дар давоми сол метавонанд дар маҷмӯъ 44,5 миллион сомониро сарфа намоянд.
Дар мавриде, ки дар мамлакатамон талафоти  қувваи барқ соле 2 милларду 900 миллион киловатт-соатро ташкил медиҳад ( соли 2008 беш аз 3 миллиард киловатт-соат), истифодаи таҷҳизоти каммасраф ба кам гардидани талафоти нерӯи барқ дар шабакаҳо мусоидат хоҳад кард.
Яъне ба ин восита 241 ҳазор оилаи камбизоат 45 миллион сомонӣ ва умуман аҳолии кишвар 187 миллион сомонӣ камтар маблағ мепардозанд.
Бо дарназардошти ҳалли проблемаҳои зикршуда зарур аст, ки:
1. Ҳукумат, вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, то охири соли 2009-ум дар тамоми қаламрави кишвар истифодаи пурраи лампаҳои каммасрафи барқиро ҷорӣ намоянд.
         2. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро васеъ ба роҳ монда, то охири сол ба лампаҳои каммасраф гузаронидани ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои тиҷоратиро таъмин намоянд.
3. Вазоратҳои молия, энергетика ва саноат, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Ширкати «Барқи Тоҷик» то октябри соли ҷорӣ доир ба таъмини аҳолии камбизоат бо лампаҳои каммасрафи барқӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Вазорату идораҳои дахлдор масъалаи тадриҷан манъ намудани  воридоти лампаҳои тафсонро баррасӣ намуда, оид ба ин масъала ба Ҳукумат пешниҳоди мушаххас манзур намоянд.
5. Бо дарназардошти аҳамияти муҳими масъала ва бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳои зикргардида дар ҳайати коршиносони вазорату идораҳои дахлдор комиссияи босалоҳияти ҳукуматӣ таъсис дода шавад.
6. Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ дар давоми солҳои 2009-2010 сохта, ба истифода супоридани ду корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасрафро таъмин намоянд.
7. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  инъикоси масъалаҳои вобаста ба чорабиниҳои сарфаҷӯии қувваи барқро ба таври ройгон ба роҳ монад.
Бо дарназардошти таҷрибаи кишварҳои пешрафта бояд дар Тоҷикистон низ ба кори сарфаҷӯии энергия мутахассисони бомаҳорат ҷалб карда шуда, истифодаи асбобу таҷҳизоти замонавии каммасрафи барқӣ, воситаҳои техникии истеҳсол ва интиқоли барқ  ба роҳ монда шавад.
Бинобар ин, ба вазоратҳои энергетика ва саноат, рушди иқтисод ва савдо зарур аст, ки бо мақсади кам кардани талафоти нерӯи барқ, гази табиӣ ва об барномаи истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ ва сарфаҷӯии энергияро барои солҳои 2009-2015 таҳия намуда, ба Ҳукумат пешниҳод созанд.
Тавре ки маълум аст, ҳадафи дигари  стратегии давлати мо аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳо намудани кишвар мебошад. Зеро рушди инфраструктураи коммуникатсионӣ омили  муҳими пешрафти иқтисод ба шумор меравад.
Солҳои охир аз ҷониби Ҳукумат бо истифода аз маблағҳои зиёди буҷетӣ ва сармояи хориҷӣ дар ин самт хеле корҳо анҷом дода шуданд. Ҳоло дар маҷмӯъ 1 ҳазору 200 километр роҳҳои мошингард, 14 километр нақбҳо, 93 пул ва 5 километр иншооти зиддитармавӣ бунёд ва таъмиру тармим шуда истодаанд.
Ҷиҳати сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва нақбу пулҳо ба маблағи 2 миллиарду 200 миллион сомонӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ мавриди татбиқ қарор  доранд. Дар доираи онҳо азнавсозии роҳи автомобилгарди 354 - километраи Душанбе – Бӯстон - Чанак соли ҷорӣ пеш аз мӯҳлат ба анҷом расонида шуда, бунёду азнавсозии  роҳи мошингарди Душанбе – сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон ба масофаи 400 километр босуръат идома дорад.
Ҳамзамон бо ин, барои амалӣ намудани 5 лоиҳаи марбут ба азнавсозии 380 километр роҳҳо корҳои омодагӣ давом доранд.
Умуман, дар се соли оянда соҳаи роҳсозӣ дар ҳаҷми 2 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардида, то ҷашни бистсолагии истиқлолияти давлатӣ мамлакатамон пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварда мешавад.
Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумат зарур аст, ки дар хусуси бунёди инфраструктурае, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ мебарорад ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидану дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он, инчунин ҷорӣ намудани механизмҳои худмаблағгузорӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.
Вазъи имрӯзаи иқтисоди ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии соҳаи нақлиёт ва алоқа аз механизмҳои муосир самаранок истифода барем. Дар ин раванд ба рушди соҳаи нақлиёти ҳавоӣ низ такони ҷиддӣ бахшидан зарур аст.
Бо ин мақсад ва дар доираи ислоҳоти соҳаи мазкур соли гузашта сохтори он мавриди таҷдид қарор дода шуд. Ба мо лозим аст, ки инфраструктураи фурудгоҳҳо ва соҳаи ҳавопаймоиро низ ба талаботи иқтисоди миллӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ созем.
Дар баробари ин, бояд хатҳои парвози  ҳавопаймоҳои ширкатҳои ватаниву хориҷиро зиёд карда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ, таъмини бехатарӣ ва паст гардонидани арзиши хизматрасонӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.
Бо дарназардошти ин вазифаҳо, ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ва Корхонаи воҳиди давлатии “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” зарур аст, ки бо мақсади ба меъёрҳои муосир мутобиқ гардонидани фурудгоҳи шаҳри Душанбе бунёд ва ба истифода супоридани терминали навро ба маблағи 140 миллион сомонӣ то моҳи сентябри соли 2011-ум таъмин намоянд.
Сатҳи хизматрасонии нақлиёти роҳи оҳан низ бояд ба талаботи замона мувофиқ гардонида, вазъи бору мусофиркашонӣ беҳтар ва тарифҳои онҳо воқеӣ карда шаванд.
Бо дарназардошти ин, ба Ҳукумат зарур аст, ки нақшаи таҷдиди Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон”-ро таҳия намуда,  амалӣ созад. Ҳамчунин Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар баробари таҳкими заминаи моддиву техникии соҳаи нақлиёти роҳи оҳан ба бунёди роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппаро ба масофаи 46 километр, ки дар арафаи иди Наврӯз оғоз ёфт, суръат бахшанд.
Ҳозирини арҷманд!
Соҳаи дигари муҳимтарини иқтисоди миллӣ бахши кишоварзӣ мебошад, ки амнияти озуқавории мамлакат асосан аз сатҳи рушди он вобаста аст. Соли гузашта ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат 8 фоиз зиёд гардид.
Вале дар баробари ин, баъзе нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳа, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ то ҳанӯз қонеъкунанда нестанд ва масъалаҳои истифодаи самараноки обу замин ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз доранд.
Зеро сатҳи вобастагии бозори истеъмолии мамлакат аз воридоти маводи асосии ғизоӣ ҳанӯз баланд аст. Барои таъмини амнияти озуқаворӣ зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти асосии ғизоӣ зарур аст ва ҷиҳати қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти озуқавории мардуми кишвар бояд заминаҳои моддиву техникии хоҷагиҳои кишоварзӣ мустаҳкам карда шаванд.
Ба хотири татбиқи самарабахши барномаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ, барқарорсозии инфраструктураи он, шабакаҳои ирригатсионӣ ва идоракунии захираҳои об, хариди техника ва тухмиву нуриҳои маъданӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ 2 миллиард сомонӣ масраф гардид.
Бо ин мақсад соли ҷорӣ низ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва тибқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ зиёда аз 700 миллион сомонӣ равона карда хоҳад шуд.
Дар натиҷаи татбиқи амалии барномаҳои рушди бахшҳои гуногуни кишоварзӣ ва андешидани дигар тадбирҳои муассир истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он хеле афзоиш ёфт.
Дар панҷ соли охир аз кишварамон як миллион тонна меваи тару тоза, хушк ва сабзавот ба маблағи умумии беш аз 800 миллион сомонӣ содирот карда шудааст, ки ин нисбат ба имкониятҳои мавҷуда ҳанӯз ҳам хеле кам аст. Зеро иқтидори содиротии соҳаи кишоварзии мамлакатамон ҳоло пурра мавриди истифода қарор надорад.
Аз ин рӯ, ба Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  зарур аст, ки доир ба истифодаи васеи навъҳои серҳосили зироатҳои ғалладона, сабзавот ва картошка, инчунин рушди соҳаи боғу токпарварӣ ҷиҳати таъмини бозори дохилӣ ва афзун намудани  иқтидори содиротии кишвар тадбирҳои мушаххас андешида, татбиқи  саривақтии барномаҳои ҳукуматии соҳавиро таъмин намоянд.
Дар ин самт ташкили марказҳои лизингии техникаи кишоварзӣ дар ҳамаи ноҳияҳо аз ҷумлаи корҳои муҳим мебошад. Ҳамзамон бо ин, Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ масъалаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии содиршавандаро мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор дода, бо мақсади  васеъ ба роҳ мондани парвариши онҳо барномаи махсусро таҳия карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Бо вуҷуди он, ки кишоварзони мо дар баъзе самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд, вале истеҳсоли яке аз зироатҳои асосӣ, яъне пахта дар мамлакатамон сол ба сол кам мегардад.
Сабаби асосии паст будани нишондиҳандаҳои бахши пахтакорӣ ба талабот ҷавобгӯ набудани тарзи маблағгузории он, коҳиш ёфтани ҳавасмандии пахтакорон ба натиҷаҳои ниҳоӣ, паст будани сифати тухмӣ, ҳосилхезии замин, бад шудани ҳолати мелиоративии он ва корношоямии шабакаҳои обёрӣ мебошад.
Дар соли 2008-ум ҷиҳати дастгирии соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ 140 миллион сомонӣ ҷудо гардида, тавассути бонкҳои ватанӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, бахусус пахтакорӣ қарз дода шуд. Соли ҷорӣ низ бо мақсади ба кишоварзон ба мӯҳлати якуним сол додани қарзи имтиёзнок аз ҳисоби буҷети давлатӣ 180 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки роҳҳои ҳалли масъалаи қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва дастгирии минбаъдаи онҳоро муайян карда, дар ин бора чораҷӯӣ намоянд.
Ба Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ зарур аст, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии пахта ва роҳҳои фоидаовар гардонидани соҳаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд аз дахолати беасос ба фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ худдорӣ карда, доир ба таъминоти кишоварзон бо техника, тухмиву нуриҳои маъданӣ тадбирҳои дахлдор андешанд.
Ҳамчунин ба вазоратҳои кишоварзӣ ва маориф, инчунин мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру норҳияҳо супориш дода мешавад, ки  минбаъд аз ҷалб намудани мактаббачагон ва донишҷӯён ба  корҳои  саҳро, бахусус ҷамъоварии пахта қатъиян худдорӣ намоянд.
Яке аз роҳҳои барои аҳолии деҳот фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва ба ин васила паст намудани сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ азхуд намудани заминҳои бекорхобида ва обёрии заминҳои нав мебошад. Дар айни ҳол дар мамлакат 57 ҳазор гектар замин аз истифода берун мондааст.
Дар сурати ба киштукори ҳар як гектари он ҷалб гардидани чор нафар 230 ҳазор аҳолии деҳот бо ҷои кор таъмин мешавад. Илова бар ин, агар аз ҳар гектар 20 сентнерӣ ҳосил рӯёнида шавад, дар маҷмӯъ дар мамлакат ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ 100 ҳазор тонна меафзояд.
Барои азхудкунии заминҳои нав дар баробари маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, инчунин аз маблағҳои буҷетҳои маҳаллӣ ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ низ бояд васеъ истифода карда шавад.
Ғайр аз ин, бояд бозори сертификати замин ва фаъолияти самарабахши онро ташаккул дода, ба раванди ҷорӣ кардани муносибатҳои бозорӣ, истифодаи самараноки обу замин, вусъати кишти такрории зироатҳо суръати тоза бахшем.
Аз ин лиҳоз, вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки оид ба таҳкими заминаи қонунгузории давраи нави ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, таъмини иҷрои он, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав, ҳамасола ба 200 ҳазор гектар расонидани майдони кишти такрории зироатҳо чораҳои қатъӣ андешанд.
Дар хотир бояд дошт, ки ин яке аз роҳҳои таъмини беҳтари аҳолӣ бо маводи ғизоии истеҳсоли худӣ ва ҳифзи боэътимоди амнияти озуқавории мамлакат мебошад.
Ҳамчунин бояд таъкид кард, ки устувории истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ  ба истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои оби кишвар алоқаманд аст.
Дар шароити имрӯзаи норасоии об дар минтақа, оқибатҳои хушксоливу камобӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим ба манбаи асосии захираҳои обии Осиёи Марказӣ - пиряхҳои Бадахшон зарур аст, ки принсипҳои нави идоракунии захираҳои об дар асоси механизмҳои идоракунии ҳавзавӣ ва ҳамгироишуда омӯхта, имконияти ҷорӣ намудани онҳо баррасӣ карда шавад.
Вобаста ба ин, вазоратҳои мелиоратсия ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ доир ба азхудкунии заминҳои нав, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо ва истифодаи сарфакоронаи об лоиҳаҳои сармоягузориро барои минтақаҳои алоҳидаи кишвар таҳия намуда, ҷиҳати ҷалби сармояҳои хориҷиву ватанӣ чораҳои муассир андешанд.
Аз фурсат истифода бурда, бори дигар ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус деҳқонон, соҳибкорони соҳаи кишоварзӣ, сокинони деҳот ва онҳое, ки дар ихтиёри худ як порча замини корам доранд, муроҷиат менамоям, ки дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва камобиву хушксолие, ки бисёр кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, истифодаи оқилонаву самарабахши замин ва обро ба роҳ монда, дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар саҳми арзанда ва ватандӯстонаи худро гузоранд.
Вакилони мӯҳтарам!
Имкониятҳои давлат дар самти татбиқи сиёсати иҷтимоӣ дар заминаи рушди устувори иқтисодии кишвар тадриҷан васеъ шуда истодаанд. Дар давоми чанд соли охир ба мо муяссар шуд, ки бо истифода аз захираҳои мавҷуда як силсила масъалаҳои иҷтимоиро ҳаллу фасл карда, сатҳи камбизоатии мардумро 30 фоиз паст гардонем.
Дар панҷ соли охир ба соҳаҳои иҷтимоӣ 4 миллиарду 900 миллион  сомонӣ равона карда шуд. Ин нишондиҳандаҳо аз натиҷаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлати мо дар солҳои охир мебошанд.
Имрӯз низ, бо вуҷуди ин, ки имкониятҳои давлат бинобар шароити бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ маҳдуд шуда истодаанд, мо ба масъалаҳои фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа – илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда, бори дигар таъкид менамоем, ки сарфи назар аз душвориҳои бамиёномада ба ин соҳаҳо афзалият медиҳем. 
Дар буҷети соли ҷорӣ маблағи умумии хароҷот барои соҳаҳои иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа ба андозаи 2 миллиарду 600 миллион сомонӣ ё 44 фоизи ҳаҷми умумии буҷет пешбинӣ шудааст, ки ин нисбат ба соли 2008-ум 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ ё 56 фоиз зиёд мебошад. 
Дар доираи маблағҳои пешбинишуда аз 1 июли соли ҷорӣ маоши кормандони соҳаҳои тандурустӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳанг 30 фоиз ва аз 1 сентябр маоши кормандони соҳаи илм ва маориф 15 фоиз зиёд карда  мешавад.
Навсозӣ ва пешрафти иқтисодиётро бе рушди илму маориф ва дастгирии онҳо таъмин кардан ғайриимкон аст.
Ҷавҳари сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф бояд масъалаҳои дар низоми таҳсил ҷорӣ кардани меъёрҳои ҷаҳонӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат ташкил диҳанд. Зеро сатҳи тараққиёти ин ё он давлат, пеш аз ҳама, аз фаъолияти босамари кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои гуногун вобаста мебошад.
Маориф ҳамчун соҳаи сарнавиштсози ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии давлат яке аз самтҳои афзалиятнок эълон гардида, барои ислоҳоту рушди он аз рӯзҳои аввали истиқлолият пайваста таваҷҷӯҳ ва ғамхории хоса зоҳир мегардад.   
Дар ин давра дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқарорсозии онҳо дигаргуниҳои зиёде ба амал омаданд, аз ҷумла 854 мактаб бунёд ва азнавсозӣ гардид, ки дар натиҷа 253 ҳазор ҷойи нишаст фароҳам оварда шуд.

Имрӯз дар кишвар 145 литсею гимназия ва мактабҳо барои кӯдакони болаёқат фаъолият мекунанд ва дар онҳо беш аз 67 ҳазор хонандагон таълиму тарбия мегиранд, ки аз ҷумла 25 адади онҳо мактабҳои хусусӣ мебошанд. Теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 ба 28 адад ва шумораи донишҷӯён аз 70 ҳазор ба 160 ҳазор нафар расонида шуд, ки ин нисбат ба давраи то истиқлолият мутаносибан ду ва дуюним маротиба зиёд мебошад.
Тибқи Барномаи компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат зиёда аз 3100 мактаб бо 25 ҳазор компютер таъмин гардид ва ба 675 ҳазор хонанда имконияти омӯзиши техникаи компютерӣ фароҳам оварда шуд.
Дар доираи барномаи зикршуда компютерикунонии муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои водии Рашт баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ба анҷом расид.
Сатҳи таъминоти мактабҳои олии кишвар низ бо техникаи компютерӣ, ки шумораи умумии он имрӯз қариб ба ҳашт ҳазор адад расидааст, тадриҷан беҳтар мегардад. Дар айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар 17 донишҷӯ ва дар Донишгоҳи давлатии тиббии  Тоҷикистон  ба ҳар 9 нафар як компютер рост меояд.
Дар навбати худ, ба Вазорати маориф зарур аст, ки ба таълими технологияҳои муосир дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, касбӣ, миёнаи махсус ва олӣ, инчунин ба раванди воридшавӣ ба таҳсилоти ҷаҳонӣ суръат бахшад.
Ҳукумати мамлакат барои таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ба анъанаҳои неки гузаштагон сазовору содиқ, инчунин ба меъёрҳои ҷаҳонӣ наздик гардонидани низоми таълим дар  мамлакат ислоҳоти соҳаи маорифро вусъат дода, онро давра ба давра амалӣ гардонида истодааст. 
Бо ин мақсад соли гузашта Барномаи давлатии сохтмон ва таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015 қабул карда шуд, ки маблағи умумии он 590 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар доираи он дар мамлакат беш аз 800 мактаб бунёд ва таъмиру азнавсозӣ карда мешавад.
Барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар хориҷи кишвар Фонди махсуси Президенти Тоҷикистон, инчунин стипендияи байналмилалии Президенти кишвар таъсис дода шуд.
Умуман, дар соли 2009 ба соҳаи маориф 1 миллиарду 140 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд, ки ин нисбат ба панҷ соли охир  4 баробар ва дар муқоиса бо соли 1995-ум 33 маротиба зиёд мебошад.
Илова бар ин, ҳоло дар соҳаи маориф 6 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи 300 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Бо вуҷуди чунин ғамхориҳо, ҳоло ҳам сатҳу сифати таълим, донишандӯзӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар мамлакат қонеъкунанда намебошад. Инчунин масъалаи баъди гирифтани таҳсилоти асосӣ аз мактаб дур мондани шумораи зиёди наврасон ташвишовар мебошад ва бинобар ин, ворид намудани тағйирот ба низоми таълим тақозои замон аст.
Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки аз сентябри соли 2010 ба таҳсилоти ҳатмии 10-сола ва аз сентябри соли 2014 ба низоми нави таҳсилоти умумӣ гузашта, бо ин роҳ барои ҳамроҳ шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ замина фароҳам оварда шавад. 
Барои гузаштан ба чунин низоми таҳсил Вазорати маориф, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади  зиёд намудани ҷойҳои нишасти хонандагон аз ҳоло дар бораи бунёди мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Ҳамчунин, ба Вазорати маориф зарур аст, ки мувофиқи талаботи пешрафти ҷаҳони муосир  ба мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ, сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар эътибори ҷиддӣ дода, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифро таъмин намояд.   
Тавре шумо медонед, имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи рушди илмҳои техникӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои муосир аҳамияти муҳим пайдо кардааст. Лекин дар кишвари мо илмҳои дақиқ то андозае дар ҳошияи илмҳои гуманитарӣ ҷой гирифтаанд. Ин аст, ки имрӯз тафаккури техникиву технологии мо дар сатҳи нисбатан паст қарор дорад.
Албатта сатҳи баланди тафаккури гуманитарӣ, ки мардумро ба худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва фарҳанги пурғановати миллати худ ҳидоят мекунад, бисёр муҳим аст.
Вале танҳо дар асоси тафаккури гуманитарӣ мо аз илму техника ва технологияҳои муосир пурра бархурдор шуда наметавонем.
Имрӯз дар мамлакат ба маблағи умумии 6,4 миллиард сомонӣ лоиҳаҳои инвеститсионӣ мавриди татбиқ қарор доранд, вале бинобар нарасидани мутахассисони  бомаҳорати соҳаҳои иқтисодӣ ва муҳандисию  техникӣ 80 фоизашонро ширкатҳои хориҷӣ ва танҳо 20 фоизи онҳоро ширкатҳои ватанӣ амалӣ менамоянд.
Аз ин рӯ, вазифаи аввалиндараҷаи Вазорати маориф, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз он иборат аст, ки  ҳамаи қувваю имкониятҳои худро дар баробари рушди илмҳои гуманитарӣ ба тавсеа ва инкишофи илмҳои техникӣ ва риёзӣ сафарбар намуда, заминаи такомули  шуури техникӣ ва иқтисодии ҷомеаро фароҳам оранд.  
Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо ва мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад.
Вобаста ба ин, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин бо ҳамин роҳ густариш бахшидани тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи генофонди миллат аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад. Зеро Тоҷикистони мо аз лиҳози синни миёнаи аҳолӣ яке аз кишварҳои ҷавонтарин ба шумор рафта, синни миёнаи мардуми он 24 солро ташкил медиҳад.   Аз ин лиҳоз, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат дар бахши ҷавонон  мувофиқи талаботи замон таълиму тарбияи дурусти насли ҷавон аст.
Мо ба масъалаи ҳифзи саломатии мардум ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати дохилии кишвар диққати махсус медиҳем. 
Дар солҳои охир аз ҷониби Ҳукумат бо мақсади суръат бахшидан ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ якчанд санад қабул гардид, ки мақсади асосии онҳо ба талаботи замон мувофиқ гардонидани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва беҳбудии  вазъи умумии соҳа мебошад.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар саросари мамлакат зиёда аз 700 муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бунёд ва таъмиру таҷдид гардида, ба маблағи умумии зиёда аз 400 миллион сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ шудааст. Дар се соли оянда қариб 400 муассисаи тиббӣ бунёд ва азнавсозӣ карда мешавад.
Вобаста ба вазифаҳои дарпешистода дар буҷети соли ҷорӣ барои соҳаи тандурустӣ 400 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 140 миллион сомонӣ ё қариб 55 фоиз зиёд мебошад.
Барои рушди соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла беҳтар кардани шароити беморхонаву дармонгоҳҳо, таҳкими заминаи моддиву техникии онҳо, ҷорӣ кардани усулҳои муосири хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар баробари маблағҳои давлатӣ маблағҳои зиёди инвеститсионӣ ва грантҳо низ истифода  мешаванд.
Ҳоло бо мақсади ба эътидол овардани шароити муассисаҳои тандурустии мамлакат 30 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи умумии 450 миллион сомонӣ амалӣ гардида истодааст ва ин маблағҳо бояд мақсаднок ва босамар истифода бурда шаванд.
Баланд бардоштани сифати ҳифзи саломатии аҳолӣ, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми хизматрасонӣ бо истифода аз  технологияҳои муосир ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳа аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами рӯз мебошанд.
Барои татбиқи ин ҳадафҳо мо дар навбати аввал ба таври возеҳу равшан бояд муайян кунем, ки кадом гурӯҳи хизматрасониҳои тиббӣ аз тарафи давлат кафолат дода мешаванд ва дар кадоме аз онҳо тибби хусусӣ метавонад густариш ёбад. Мо бояд барои рушди шаклҳои гуногуни ҳифзи саломатии мардум имкониятҳои бештар фароҳам оварем.
Аз ин рӯ, ба Вазорати тандурустӣ зарур аст, ки дар баробари маблағгузории кафолатноки давлатии соҳа, ба рушди тибби хусусӣ ва маблағгузории сарикасии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ аҳамияти ҷиддӣ дода,  тадбирҳои иловагӣ андешад.
Дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масъалаҳои ташаккули минбаъдаи низоми ба талаботи замона ҷавобгӯ, таъмини нафақаи аҳолӣ, баланд бардоштани самаранокии сиёсати дастгирии иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва таъсис додани ҷойҳои корӣ дар маркази диққати  Ҳукумат қарор доранд.
Тадбирҳои андешидаи мо дар ин самт  имкон медиҳанд, ки барномаҳои давлативу соҳавӣ тадриҷан татбиқ гардида, сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба дараҷаи имконпазир беҳтар карда шавад.
Риояи қатъии муқаррароти Қонун доир ба танзими расму оинҳои мардумӣ махсусан дар шароити имрӯза аҳамияти ҳаётӣ пайдо кардааст.
Дар давоми як солу нӯҳ моҳи амали Қонун дар бораи танзим шаҳрвандони мо 2 миллиарду 800 миллион сомонӣ сарфа кардаанд.
Тибқи маълумоти оморӣ дар се моҳи пеш аз қабули Қонун барои 25 ҳазор маърака зиёда аз 15 ҳазор сар чорвои калон ва 5,5 ҳазор сар чорвои хурд забҳ шудааст, вале дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 12 ҳазору 200 сар чорвои калон ва 11 ҳазору 500 сар чорвои хурд кам забҳ гардидааст.
Илова бар ин, татбиқи Қонун ба афзоиши шумораи ақди никоҳ хеле мусоидат кард. Масалан, танҳо дар се моҳи аввали соли равон аз қайди никоҳи давлатӣ гузаштан 5200 ҳолат зиёд шудааст.
Гузашта аз ин, таъкид месозам, ки имрӯзҳо таҷрибаи моро дар ин самт як қатор кишварҳои мусулмонӣ дар ҳаёти худ ҷорӣ карда истодаанд.
Дастгирии мақсадноки аҳолии ниёзманд аз тариқи расонидани кӯмаки суроғавӣ ва хизматҳои иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ба раванди ислоҳоти куллии он такони ҷиддӣ бахшида шавад.
Таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди касбомӯзӣ барои бекорон самти дигари сиёсати иҷтимоӣ мебошад. Вазъияти кунунии бозори меҳнат дахолати мунтазами давлатро ҷиҳати танзими масъалаҳои таъсиси ҷойҳои корӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ тақозо менамояд.
Дар давоми панҷ соли охир дар натиҷаи таъсиси ҷойҳои корӣ беш аз 360 ҳазор нафар бекорон ба шуғл фаро гирифта шуданд. Танҳо дар се моҳи соли равон қариб 40 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шуда, 31 ҳазор нафар корҷӯён бо ҷойи кор таъмин гардиданд.  
Дар натиҷа раванди болоравии сатҳи бекорӣ, ки солҳои охир ба назар мерасид, боздошта шуда, соли 2008 ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2007-ум 15 фоиз кам карда шуд.
Бояд гуфт, ки бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ таъсири худро аллакай ба бозори меҳнат расонидааст. Бинобар ин, роҳбарони тамоми вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаву ташкилотҳои давлатӣ ва хусусиро зарур аст, ки дар шароити кунунӣ барои паст гардонидани таъсири манфии бӯҳрон ҳарчи зиёдтар ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд.
Вобаста ба ин, Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки соли равон  дар кишвар на камтар аз 180 ҳазор ва минбаъд ҳар сол то 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд.
Барои то ҳадди имкон кам кардани таъсири бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ба бозори меҳнат Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки оид ба ҷойҳои корӣ ҳарчи зудтар махзани маълумоти воқеиро ташаккул дода, тавассути васоити ахбори омма ва ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ маълумоти заруриро мунтазам ба таваҷҷӯҳи корҷӯён расонад.
Танзими босамари бозори меҳнат дар шароити имрӯза рушди минбаъдаи имкониятҳои мақомоти давлатии шуғли аҳолиро ба миён меорад.
Дар робита ба ин, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати таъсиси низоми бо кор таъмин кардани аҳолӣ ва маркази дастгирии худиштиғолӣ дар шакли корхонаҳои воҳиди давлатӣ пешниҳодҳои асоснок манзур намояд.
Сабаби дигари бекорӣ дар кишвар аз он иборат аст, ки гурӯҳҳои ҷудогонаи аҳолӣ касбу ҳунар ва ихтисоси муайян надоранд. Яъне қисми зиёди захираҳои меҳнатии кишвар аз онҳое иборатанд, ки ба фаъолият дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, бахусус саноату сохтмон омода нестанд.
Бо мақсади ислоҳи чунин вазъ шабакаи марказҳои таълимии касбомӯзии калонсолон ташкил гардида, барои ба талаботи бозори меҳнат ва сохтмонҳои муҳими кишвар мутобиқ намудани омодагии тахассусии онҳо корҳои назаррас ба сомон расонида шудаанд. Вале иқтидори имрӯзаи касбомӯзонии ин марказҳо ҳамагӣ 10-12 ҳазор нафарро дар як сол ташкил медиҳад, ки ин моро қаноатманд карда наметавонад.
Бо дарназардошти ин, барои ҳалли проблемаҳои мавҷуда, алалхусус дар шароити бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ба вазоратҳои маориф, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо кордиҳандагон стандартҳои касбии ихтисосҳои коргариро таҳия карда, дар заминаи омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, литсейҳои касбӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ, такмили ихтисос ва таълими касбҳои гуногуни заруриро барои бекорон ташкил намоянд. 
Бовар дорам, ки татбиқи ин чорабиниҳо имкониятҳои давлатро дар самти таъмини шуғли босамари аҳолӣ ва паст намудани шиддати бозори меҳнат васеътар мегардонад.
Мо бо масъулияти баланд дарк менамоем, ки масъалаҳои ҳалталаби ҳифзи иҷтимоиву иқтисодии аҳолии ниёзманд то ҳанӯз кам нестанд.
Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро лозим аст, ки фаъолияти худро дар ин самти муҳим минбаъд низ тақвият бахшида, ҳамаи имкониятҳоро барои ҳалли саривақтии онҳо равона намоянд.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Фарҳанг, бешубҳа, ифодагари рӯҳи миллӣ, расму русум, анъана ва хотираи таърихии  ҳар халқу миллат мебошад. Аз фарҳангу ҳунар   дида, башарият барои ба ҳам наздик кардани инсонҳо ва ваҳдати умум воситаи самараноктареро эҷод накардааст.
Бо мақсади рушди ҳарчи бештари соҳаи фарҳанг ва дастгирии аҳли илму адаб Ҳукумат ҳамасола маблағҳои зиёд  ҷудо менамояд, ки дар се соли охир ҳаҷми он беш аз дуюним маротиба афзудааст.
Мо имрӯз дар марҳалаи такомули давлати миллии худ қарор дорем. Дар ин давраи тақдирсоз рӯ овардан ба осори гузаштагони маъруфи халқи тоҷик ва тамаддуни оламшумули он дар тақвияти раванди   ташаккули андеша ва худшиносии миллӣ, таҳкими асосҳои ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ ва заминаи маънавии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон воситаи созандае мебошад.
Аз ин рӯ, сиёсати фарҳангии мо ба омӯзишу қадрдонии мероси фарзандони барӯманди халқи тоҷик, эҳё ва истифодаи арзишҳои умумибашарии онҳо ба манфиати ҷомеа  нигаронида шудааст.
Соли ҷориро мо соли бузургдошти фақеҳи бузург, поягузори мазҳаби бонуфузи дини мубини ислом Имоми Аъзам эълон кардем, ки он аз ҷумлаи тадбирҳои фарогири фарҳангӣ дар ин самт мебошад. Вобаста ба ин, мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба баъзе ҷанбаҳои дину диндорӣ дар кишвар ҷалб намоям.
Вақтҳои охир сару садоҳое баланд мешаванд, ки гӯё мо  дар сиёсати давлатии худ арзишҳои дунявиро сарфи назар карда, ба арзишҳои динӣ афзалият дода истодаем.
Воқеан, дар ҳолате ки 99 фоизи аҳолии кишвари мо пайрави дини мубини исломанд, арҷгузорӣ ба он ҳамчун сарчашмаи бузурги ахлоқиву маънавӣ як амри муқаррарист. Дар баробари ин, мутобиқи муқаррароти Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуногуншаклии мафкуравӣ, озодии виҷдон, баробарҳуқуқии ҳамаи дину мазҳабҳо кафолат дода шудааст.
Ин меъёрҳои бунёдии муносибати давлат ба дин дар Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ки чанде пеш ба тасвиб расид, возеҳу равшан дарҷ гардидаанд.
Бо арзи эҳтиром ба иродаи мардуми кишварамон бори дигар дахлнопазирии асосҳои конститутсионии давлати мо – соҳибистиқлолӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявиятро таъкид намуда, бо қатъият изҳор менамоям, ки  мо   аз ин роҳи интихобкардаи худ барнамегардем.
Дар Паёми имсола таъкиди боз як масъаларо зарур мешуморам, ки қаблан ҳам борҳо дар атрофи он ибрози ақида намуда будам. Имсол ба қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон бист сол пур мешавад.
Дар ин муддат мо дар бобати таҳкими мавқеъ ва густариши забони давлатӣ кӯшиши зиёд ба харҷ дода, як силсила тадбирҳоро амалӣ сохтем. Вале масъалаҳои ҳалталаб дар ин ҷода ҳанӯз зиёданд.
Бо дарназардошти он, ки Қонуни забон пеш аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон қабул шуда, имрӯз ба талабот  пурра ҷавобгӯ нест, мо бо иштироки олимони забоншинос ва ҳуқуқшиносон лоиҳаи наву мукаммали онро таҳия карда истодаем, ки он дар арафаи анҷомёбист. 
Итминони комил дорам, ки санади зикршуда барои таҳкими мақоми забони давлатӣ такони ҷиддӣ бахшида, барои густариши минбаъдаи  он заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ ба вуҷуд меорад.
Фаромӯш набояд кард, ки бе рушди забони давлатӣ ҳамчун  рукни муҳими  таҳкими худшиносии миллӣ ва давлатдорӣ мо ба маънои томаш соҳибистиқлол буда наметавонем.
Аз ин рӯ, риояи меъёрҳои забони адабӣ, пеш аз ҳама, масъулияти бевоситаи ҳар як роҳбару корманди  тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҳар як зиёӣ мебошад. Инро ҳар як фарди бонангу номуси миллат, ки ба ояндаи неки Ватан хушбин аст ва мехоҳад давлаташ комилан соҳибистиқлолу мутараққӣ бошад, бояд дарк намояд.
Асри кунуниро асри иттилоот меноманд. Зеро иттилоот бо иқтисодиёт, тараққиёти илму техника, ҳифзи муҳити зист, истеҳсолот ва сиёсат робитаи ногусастанӣ дошта, ба пешрафти онҳо таъсири амиқ мегузорад.
Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки сухан метавонад ҳам созанда бошад, ҳам сӯзанда. Вобаста ба ин, мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба масъалае ҷалб намоям, ки имрӯзҳо боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст. Агар шумо эътибор дода бошед, солҳои охир дар сомонаҳои гуногуни интернет як маъракаи огоҳонаву муғризонаи зидди Тоҷикистон идома дорад.
Комилан яқин аст, ки соҳибистиқлолии давлати тоҷикон ва сиёсати бисёрсамтаи мо ба доираҳои муайян хуш намеояд. Ҳатто агар ба унвони маводи ғаразнок ва сирф фармоишӣ назар андозем, чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки гӯё давлати мо ба суботи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ муяссар нагаштааст ва дурнамои инкишофи он норавшан аст.
Як далел меорам: мутобиқи таҳлили коршиносон солҳои 2004-2007 аз тариқи сомонаҳои интернет, ки дар Тоҷикистон маъмуланд, қариб 30 ҳазор хабару гузориш интишор ёфтааст. Зиёда аз 80 фоизи онҳо фақат аз тӯҳмату бадгӯӣ, матлабҳои ғаразнок ва пешгӯиҳои бебунёд иборат мебошад. Ин раванди номатлуб имрӯз боз ҳам қувват гирифтааст. Муборизаи иттилоотие, ки бар зидди мо аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта шурӯъ кардаанд, фақат як ҳадаф дорад: паст задани мақому мартабаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, бадном кардани миллати тоҷик ва дар ниҳояти кор рӯҳафтодаву ноумед сохтани мардуми мо ба ояндаи худ.  
Ба соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба наздикӣ бист сол пур мешавад. Дар ин муддат давлати тоҷикон дар миёни кишварҳои дунё мавқеи худро пайдо кард ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Албатта, дар ҳаёти ҷомеаи мо масъалаҳои ҳалталаб кам нестанд. Мо инро хуб медонем ва барои рафъи камбудиву норасоиҳои мавҷуда пайваста тадбирҳо меандешем. Вале комёбиҳое, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, бо вуҷуди ҳама мушкилоти дар ин муддат ҷойдошта ба онҳо муваффақ гардидааст, ба ҳама маълуманд ва ҳамаи инро нодида гирифтан камоли беинсофист.
Аз ҳама муҳимаш, дар кишвари мо сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, рӯҳияи сарҷамъии миллат ва созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармост, ки ин ба манфиати доираҳои бадхоҳи миллати  тоҷик ва давлати тоҷикон нест. 
Халқи Тоҷикистон бояд аз қасду ниятҳои бадхоҳони миллат огоҳ бошад, зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ба ҳеҷ ваҷҳ рӯҳафтода нагардад. Баръакс, бо шукргузорӣ аз соҳибдавлат будани хеш ва бо андеша дар миқёси даҳсолаҳо фаъолияти созандагиву бунёдкориро ба нафъи Ватани маҳбуб,  ба нафъи наслҳои оянда дилпурона идома диҳад.
Манфиатҳои миллӣ тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори омма на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бояд бошанд, балки дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари давлат хизмат кунанд, ба хабару мақолаҳои таҳрифӣ ҷавобҳои сазовор дода, ба суботи ҷомеа мусоидат намоянд ва эътимоди мардумро ба фардои нек мустаҳкам созанд. 
Ҳамчунин, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва нашрияҳои даврӣ дар шароити бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ бояд истиқлолият, ваҳдат ва манфиатҳои давлату миллатро аз тамоми манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбӣ боло гузошта, дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ҳозирини арҷманд!
Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои асосии давлат  мебошад. Дар ин самт то имрӯз корҳои зиёди назаррас ба анҷом расонида шудаанд.
Ва зарур аст, ки раванди такмили заминаҳои ҳуқуқӣ бо дарназардошти рушди ҷомеа идома дода шавад. Аз ин рӯ, қабули Кодекси нави манзил, такмили Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъини ҷазои ҷарима барои ҷиноятҳои иқтисодӣ, ҳангоми ихтиёран барқарор намудани зарари расонидашуда ба мақсад мувофиқ аст.
Механизми муҳими ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини волоияти қонун мақомоти ҳокимияти судӣ мебошад. Дар самти таҳкиму такмили ҳокимияти судӣ моҳи июни соли 2007 Барномаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ тасдиқ гардид, ки тибқи он ислоҳоти судӣ марҳала ба марҳала амалӣ карда шуд.
Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии давлат ва ташкилоту муассисаҳо мувофиқи мақсад аст, ки ислоҳоти судӣ идома дода шуда, барномаи нави мукаммали соҳа барои солҳои минбаъда таҳия карда шавад.
Дар навбати худ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки оид ба бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, интихобу ҷобаҷогузорӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии судяҳо ва кормандони судҳо тадбирҳои муассир андешанд. 
Дар таъмини амнияти миллӣ, ҳаёти осоиштаи ҷомеа, устувории вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгириву мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ корҳои зиёдеро анҷом додаанд.
Дар натиҷа содиршавии ҷиноят нисбатан кам шуда, ҳолати кушодашавии ҷиноятҳо беҳтар гардид. Сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии кормандони мақомоти мазкур баланд гардида, заминаҳои моддию техникии онҳо пайваста хуб шуда истодаанд.
Яке аз амалҳои номатлубе, ки асосҳои давлат ва ҷомеаро суст карда, ба зарари зиёди иқтисодӣ ва маънавӣ боис мегардад, коррупсия мебошад.
Бояд қайд кард, ки дар муддати фаъолияти начандон тӯлонӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия доир ба пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, инчунин ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор  як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Вале дар ин ҷода проблемаҳои ҳалталаб ҳанӯз ҳам зиёданд.
Аз ин рӯ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешад.
Таъмини амнияти кишвар ва ҳаёти осоиштаи ҷомеа аз фаъолияти самараноки ҷузъу томҳои низомии кишвар вобаста аст. Барои мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии мамлакат, ҳимояи сарҳади давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани таъминоти моддиву техникӣ ва кадрии ин сохторҳо ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Хотирнишон месозам, ки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар моҳи январи соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба муҳокима гардид ва барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Бинобар ин, ба роҳбарони тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бори дигар таъкид месозам, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҳарбӣ ва малакаи касбии низомиён, вусъати корҳои тарбиявӣ ва ҳисси ватанпарварии афсарону сарбозон, садоқати онҳо ба Ватан, риояи интизоми ҳарбӣ ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои соҳа, инчунин мубориза бар зидди ҳама гуна қонуншиканиҳо ва дар навбати аввал кирдорҳои коррупсионӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир чораҳои иловагӣ андешанд.
Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ
ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Дар таъмини ниёзҳои дохилии кишварамон сиёсати хориҷии давлат бо сиёсати дохилӣ ҳамоҳанг буда, дар маҷмӯъ ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ фаъолона мусоидат менамояд.
Зеро мо дар сиёсати хориҷии худ усули «дарҳои кушода»-ро, ки баёнгари ҳифзи собитқадамона ва прагматикии манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад, пеш гирифта, татбиқи самарабахши онро идома медиҳем.
Дар заминаи он, пеш аз ҳама, манфиатҳои миллии кишварамон дар чаҳорчӯбаи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва бо тамоми воситаҳои қонунии дастрас  ҳимоя карда мешаванд.
Таъкидан изҳор медорам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бар пояи усули пазируфташудаи муносибот дар арсаи байналмилалӣ бо тамоми кишварҳои дунё, ки ба ин манфиатдоранд, ҳамкории васеъ, муассир ва созанда хоҳад дошт.
Барои кишвари мо чун аксарияти давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид таъмини рушди устувор яке аз масъалаҳои муҳимтарин маҳсуб мешавад.
Бо дарназардошти ин, Тоҷикистон дар муносибат бо шарикони худ гуфтугӯи созанда ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалли мусоиди масъалаҳоро усули бунёдии сиёсати хориҷии худ қарор додааст.

Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид, ки ташкилоти асосии фарогир буда, низоми ҷаҳонӣ рӯи он қарор дорад, ҳамкории зич дорад ва ислоҳоти ин созмонро, ки ба тавсеаи фаъолияти самараноки он нигаронида шудааст, дастгирӣ менамояд.
Ҳамчунин, кишвари мо ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманд ва баробар дар фазои собиқ Шӯравӣ мебошад. Дар мавриди  Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё мехоҳам зикр намоям, ки он метавонад ниҳоди асосии раванди ҳамгироӣ гардад.
Дар сиёсати минтақавӣ мо барои фароҳам овардани фазои созандаи ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, бо давлатҳои ҳамсоя аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем. Ин афзалиятро умумияти таърихӣ, ҳамбастагиҳои иқтисодӣ ва қаробати фарҳангиву инсонии халқҳои мо муайян мекунанд.
Мардумони минтақа ва Тоҷикистонро ҳазорон ришта – аз пайвандҳои хешутаборӣ сар карда, то равобити фарҳангӣ ба ҳам наздик мекунанд. Аммо, бо вуҷуди ин сатҳи робитаҳо ҳанӯз ба талабот ва алоқамандии амалии халқҳои минтақа мувофиқат намекунад ва самараи воқеии созишномаҳои зиёд ва хуби дуҷонибаву бисёрҷонибаи қабулгардида то ба ҳол кам ба назар мерасад.
Дар ин раванд мо ба талошҳои худ идома хоҳем дод, то ҳамкориҳои минтақавӣ беш аз пеш ба таҳким ва густариш ёфтани муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои фарогир мусоидат намоянд, чунки дурнамои суботи устуворро дар Осиёи Марказӣ бе рушди чунин ҳамкорӣ тасаввур кардан аз имкон берун аст.
Равобити иқтисодии созанда ва муассири минтақавӣ, ки таъмини рӯзгори осоиштаи мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ аз бисёр ҷиҳат ба дастовардҳои он вобаста хоҳад буд, бояд ба рафтуомади озоди шаҳрвандон, муомилоти бемамониати сармоя, молу маҳсулот, хизматрасонӣ ва қувваи корӣ мусоидат намояд.
Ҳоло, ки ҳамаи ин ҳадафҳо ба даст наомадаанд, кишварҳои мо дар шароити бӯҳрони ҷаҳонӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ зиёни ҷиддӣ мебинанд. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамгироии иқтисодӣ чун омили қавии рушди устувори минтақа буд, ҳаст ва хоҳад монд.
Дӯстони азиз!
Вақтҳои охир байни давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар масъалаи обу энергетика баҳсу муколамаҳои зиёд сурат мегиранд. Чунин ба назар мерасад, ки ин раванд аз ҷониби баъзе қувваҳои манфиатдор бо мақсади муайян дастгирӣ низ ёфта истодааст.
Аз ҷумла, талқин мекунанд, ки гӯё татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя зиён мерасонад. Дар робита ба ин, мехоҳам бори дигар изҳор намоям, ки чунин ақидаҳо комилан беасосанд.
Зеро тамоми иншоотҳои гидроэнергетикии мо дар дарёҳои дохилии Тоҷикистон сохта шуда истодаанд ва онҳо ҳеҷ гоҳ ба кам шудани об дар дарёҳои фаромарзии минтақа ва бад шудани ҳолати экологӣ боис намегарданд.
Чунки ҳатто дар давраи Шӯравӣ, ҳангоми ба нақша гирифтани сохтмони нерӯгоҳҳои бузург дар кишварҳои болооб ду ҳадаф ба эътибор гирифта мешуд: якум истеҳсоли барқи арзон барои кулли минтақа ва дуюм бо об таъмин кардани заминҳои нави корам дар кишварҳои поёноб, чунки кишварҳои болооб, ки аксар кӯҳистонанд, барои азхудкунӣ замин надоранд.
Яъне бе обанборҳои наве, ки дар кишварҳои болооб бунёд хоҳанд шуд, бо об таъмин намудани киштзорҳои мавҷуда ва шодоб кардани заминҳои бекорхобида ғайриимкон мегардад.
Ин нуктаро коршиносони мустақил ва олимони маъруфи Аврупо бешубҳа тасдиқ кардаанд.
Аз ҷониби дигар аён аст, ки нерӯгоҳҳои барқи обӣ чун заминҳои кишт, ки 80-90 фоизи обро фурӯ мебаранд, дарёро ба коми худ намекашанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ кардани лоиҳаҳои гидроэнергетикии худ сиёсати шаффоф ва усули риояи манфиатҳои умумӣ, аз ҷумла манфиати ҳамсоягони худро пеш гирифтааст.
Бунёди иншооти гидроэнергетикӣ дар дарёҳои ҳудуди дохилии Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба ҳалли мутавозини масъалаи муҳими минтақа, яъне обу энергетика равона карда шудааст.
Дар айни замон, як масъалаи ҳаётиро низ таъкид бояд кард: мо наметавонем азобу машаққати зиёди мардуми худро, ки беш аз 15 сол инҷониб ҳангоми зимистон аз нарасидани барқ идома дорад, нодида гирем.
Ба таври возеҳ ва сареҳ мехостам бо муроҷиат ба халқҳои бародари Осиёи Марказӣ як нуктаро таъкид намоям: мардуми Тоҷикистон, ки яке аз қадимтарин халқҳои ин марзу бум аст, дар давоми асрҳо бо ҳамсоягони худ дар оромиву осоиш ва муросову мадоро зиндагӣ кардааст.
Бо идомаи ин анъанаи неки ниёгонамон мо ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ ҳамсоягони худро бе об нахоҳем гузошт ва ҳамеша пайрави ҳикмати бузурги аҷдодиамон хоҳем буд, ки аз ҳадиси Пайғамбари гиромии ислом бармеояд ва мегӯяд: «Ҳаққи ҳамсоя ва ҳаққи Худо баробар аст»!
Проблемаи марбут ба таъминоти оби тоза сол ба сол барои тамоми башарият аҳамияти бештар пайдо менамояд. Зеро он ҷанбаҳои гуногун, аз ҷумла ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ дошта, кам ё беш ба тамоми мамлакатҳо ва минтақаҳои ҷаҳон дахл дорад ва ин дар ҷараёни мубоҳисаву гуфтугӯҳои фарогир дар Форуми панҷуми ҷаҳонии об, ки ба наздикӣ дар шаҳри Истамбул доир гардид, ба таври дақиқ исботи худро ёфт.
Мо итминон дорем, ки Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналмилалӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои беҳтар намудани вазъ дар ин ҷода кӯмаки бештар ва ҷиддӣ хоҳанд расонд.
Дар акси ҳол дар ояндаи наздик проблемаи об дар минтақа метавонад ба яке аз мушкилоти асосӣ табдил ёбад.
Бо мақсади ба манфиати аҳолии минтақа истифода бурдани захираҳои бузурги оби тозаи кӯли Сарез ва ба таври доимӣ таъмин намудани он бо оби мусаффо мо кишварҳои Осиёи Марказиро бори дигар даъват менамоем, ки ҷиҳати амалӣ намудани ин пешниҳод дар ташкили консорсиуми байналмилалӣ саҳмгузор бошанд.
Умедворем, ки кӯшишҳои мо дар ин самт аз ҷониби шарикони хориҷиву ҳамсоягони мо дастгирӣ хоҳанд ёфт.
Дӯстони гиромӣ!
Имрӯз инсоният бо таҳдидҳои нав, аз ҷумла терроризми байналмилалӣ, аслиҳаи қатли ом, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, гармои умумисайёравӣ ва бемориҳои сирояткунанда  рӯбарӯ гардидааст.
Тоҷикистон комилан ҷонибдори собитқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ буда, дар он саҳми хешро мегузорад.
Дар баробари ин, мо зарурати бартараф намудани сабабҳо ва омилҳои бавуҷудорандаи терроризмро, ки аз камбизоатӣ, аз адолати воқеӣ дур будани воқеияти низоми ҷаҳонӣ, сатҳи пасти маърифат, ҷудоиандозии миллӣ, ихтилофи фарҳангӣ ва амалҳои худгароёнаи баъзе давлатҳо дар арсаи байналмилалӣ иборатанд, ногузир мешуморем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ фаъолияти худро бар зидди терроризм дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва эътилофи зиддитеррористӣ идома медиҳад.
Дар ин ҷода мо ҳамгироии кишвари худро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Конфронси Исломӣ тақвият хоҳем дод.
Тоҷикистон дар мубориза бар зидди қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориҳои байналмилалиро боз ҳам фаъолтар идома хоҳад дод.
Мо чунин мешуморем, ки барои таъмини муборизаи самаранок бо ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир ташкили маркази ягонаи иттилоотӣ таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид ба манфиати кор мегардад.
Тоҷикистон барои афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳои кишварҳои Русия, Чин, Амрико, Аврупо, ҷаҳони ислом ва дигар давлатҳо саъю талош намуда, хоҳони густариши равобити устувори дуҷониба ва бисёрҷонибаи байнидавлатӣ бар пояи прагматизми иқтисодӣ ва ҳусни тафоҳум аст.
Табиист, ки мо дар оянда низ ҳамкориҳои босамари худро бо кишварҳои форсизабон таҳким бахшида, барои сулҳу субот ва пешрафти иқтисодии Афғонистони бародар ҳамаҷониба мусоидат хоҳем кард.
Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, тақвияти мавқеи мусбати мамлакат дар минтақа ва ҷаҳон, таъмини амнияти иттилоотӣ, таҳкими дипломатияи гуманитарӣ ҳамчун самти муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон буд ва хоҳад монд.
Хулоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро тавре роҳандозӣ менамояд, ки он ба ҳалли масъалаҳои мубрам ва тақозоҳои нави дар пешорӯи давлат ва миллат қарор дошта фаъолона мусоидат намояд. 
Ҳамватанони азиз!
Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва
вакилони Маҷлиси намояндагон!
Самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар марҳалаи кунунӣ асосан аз нигоҳ доштани сатҳи мавҷудаи тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои ҷаҳон иборатанд.
Яке аз омилҳои кам кардани таъсири бӯҳрон ба иқтисоди миллии мо муташаккилӣ, ҳамкориву дастгирии байниҳамдигарии ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва муҳимтар аз ҳама, ваҳдат ва сарҷамъиву иттиҳоди миллат мебошад.
Дар ин самт Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад нақши муассир ва муҳим дошта бошад.
Мехоҳам як нуктаро бо қаноатмандӣ зикр намоям: вакилони даъвати ҳозираи Маҷлиси Олӣ дар давоми солҳои гузашта пурсамар фаъолият карда, қонунҳо, барномаю стратегияҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии зиёдеро қабул ва тасдиқ намуданд, ки онҳо, бешубҳа, барои рушди ҷомеа, таҳкими суботу оромӣ ва густариши қонунияту тартибот заминаи зарурии ҳуқуқиро муҳайё намуданд.
Бинобар ин, ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосу миннатдории худро иброз менамоям.
Бо истифода аз фурсат, мехоҳам хотирнишон созам, ки дар пеш, яъне моҳи феврали соли 2010 интихоботи парламенти мамлакат ва мақомоти намояндагии маҳаллӣ истодааст.
Барои дар сатҳи баланд, шаффоф ва дар фазои озод баргузор гардидани интихобот ва интихоби намояндагони арзандаи халқ бояд ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё карда шавад.
Пеш аз ҳама, тамоми қувваҳои сиёсӣ, ҳизбҳову шаҳрвандони алоҳида, ки барои соҳиб шудан ба ваколати вакилӣ мубориза мебаранд, бояд фаъолияти худро танҳо дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳои ҷорӣ амалӣ намоянд.
Бовар дорам, ки ин маъракаи сиёсӣ бо риояи меъёрҳои таҳаммулу муошират ва дар сатҳи баланд баргузор шуда, намунаи ваҳдати миллӣ, ягонагии ҷомеа ва омили муҳими пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон мегардад.     
Бӯҳроне, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, дер ё зуд бартараф мешавад. Аз ҳама муҳим ин аст, ки мо бояд аз мушкилоти пешомада наҳаросем, корҳои ободониву созандагиро дилпурона идома бахшем ва барои пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон содиқона хизмат кунем.
Халқи мо дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ рӯзҳои аз ин ҳам вазнинро аз сар гузаронид. Бешак, ин бӯҳронро ҳам бо сабру таҳаммул дар ҳамкории зич бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бо роҳи вусъат бахшидани ҳамкориҳои иқтисодӣ ва истифодаи самараноки захираҳои дохилӣ паси сар хоҳем кард.
Бо дарназардошти ин, аз ҳамаи роҳбарону кормандони мақомоту сохторҳои давлатӣ ва корхонаву муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, инчунин ҳар фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпараст, аз ҷумла шумо - вакилони мӯҳтарами халқ тақозо мегардад, ки дар чунин давраи ҳассос бештар заҳмат кашида, бо иқдому ташаббусҳои созандаву бунёдкорона дар амри хайри таҳким бахшидани иқтидори иқтисодии давлат, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани аҷдодии худ саҳмгузор бошанд.
Мову шумо бояд на танҳо рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакати худро дар сатҳи устувор нигоҳ дорем, балки бо эҳсоси масъулият ва  ифтихор аз давлату давлатдории миллати куҳанбунёдамон ва бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда пешрафту ободии Тоҷикистони азизро, ки соли 2011-ум  бистсолагии истиқлолияти давлатии онро ҷашн мегирем, ба таври арзанда таъмин намоем.                       
Итминони комил дорам, ки мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик  бо шукронаи давлати озоду соҳибистиқлол, бо мадади рӯҳи ниёгони ободгару сарбаландамон, бузургони миллатамон ва фарзандони фарзонаи халқамон, ба мисли Имоми Аъзам мушкилоти бавуҷудомадаи молиявию иқтисодиро низ бо азму иродаи қавӣ, саъю талоши созанда ва кору фаъолияти дучанд рафъ карда, барои ободиву шукуфоии Ватани азизу муқаддасамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол саъю талош менамоянд.
Дар ин самт ба ҳамаи шумо барору комёбӣ мехоҳам.
Саломату пирӯз бошед!