Судяҳо набояд ба саҳлангорӣ, бемасъулиятӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ роҳ диҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
САҲИФАИ КӮҲНА --- Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
Паёми Президенти ҶТ аз 30 апрели соли 2007

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, 30 апрели соли 2007
Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ
ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Соли гузашта, яъне соли 2006-ум барои кишвари соҳибистиқлоли мо боз як соли пешрафт ва дастовардҳои назаррас дар самтҳои гуногуни сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ буд.
Дастовардҳои мо дар бахшҳои мухталифи иқтисоди миллӣ дар ҷаласаи ҷамъбастии сол ба таври муфассал таҳлил гардида, проблемаҳои мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва вазифаҳо барои соли 2007 мушаххас ва муайян карда шуданд.
Маъракаҳои бузурги сиёсиву фарҳангии соли гузашта, пеш аз ҳама 15-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ ва 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб собит намуданд, ки барои мардуми шарифи кишвар сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромиву пешрафти ҷомеа арзишҳои муқаддас ва азизанд.
Аъзои Парламент ва мардуми Тоҷикистон дар ёд доранд, ки ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар соли гузашта дар Паёми Президент силсилаи чораҳои бунёдкориву созандагӣ пешбинӣ гардида буданд.
Иҷрои онҳо ба пешравии кишвар ва ҳалли проблемаҳои мубрами он заминаи қавӣ гузошт. Дар соли сипаришуда чунин дастовардҳо назаррас буданд:
- раванди ислоҳот дар ҳамаи қисмҳои таркибии иқтисодиёт суръати тоза гирифта, дар бахшҳои алоҳидаи он дигаргуниҳо дар сатҳи сифатан нав татбиқ гардиданд;
- ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат нақби "Истиқлол" асосан ба истифода дода шуда, бунёди ду нақби дигар оғоз ёфт ва сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ба сӯи Чин, Афғонистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон суръати тоза гирифт;
- таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон дар асоси сохтмони як қатор нерӯгоҳҳои хурду миёна, ҳамчунин хатҳои баландшиддати интиқоли барқ дорои имкони воқеии рушд гардид;
- барои инкишофи соҳаҳои саноати сабук, махсусан коркарди пурраи нахи пахта ва меваю сабзавот дар кишвар сохтмони якчанд корхонаву таҷҳизонидани онҳо бо технологияи муосир оғоз карда шуд;
- дар кишвар барои бунёди меҳмонхонаҳои ҳозиразамон ва дигар иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ қадамҳои нек гузошта шуданд;
- ба ислоҳоти сохтори идоракунӣ суръат бахшида шуд, ки ин раванд ба ҳалли вазифаҳои таъмини шаффофияти фаъолияти ҳамаи шохаҳои ҳокимият ва сохтору мақомот, рафъи такроршавии вазифаҳо, мубориза бар зидди коррупсия ва мутобиқшавӣ бо иқтисоди бозорӣ мусоидат намуд;
- вазифаҳои оид ба зиёд намудани музди меҳнат ва таъминоти иҷтимоии аҳолӣ зина ба зина иҷро шуда истодаанд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият мушкилоти сангини зиёдро аз сар гузаронида, ҳоло дар ибтидои марҳилаи нави тараққиёт қарор дорад.
Хусусияти асосии ин марҳила ба воситаи ташаккули иқтисоди бозории муосир ва қобили рақобат дар устувор гардонидани рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар зоҳир мегардад.
Ҷиҳати ташкили муназзаму илман асосноки рушди ояндаи кишвар аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барномаҳои дарозмуддату миёнамӯҳлат - Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009 таҳия шуда, ба баррасии Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардиданд.
Барномаҳои мазкур дар муддати чор сол аз тарафи олимон, мутахассисони варзида ва коршиносони кишвар бо иштироки бевоситаи ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таҳия гардида, баъди муҳокимаи ҳамаҷониба дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ва вохӯриҳо бо намояндагони ташкилотҳои мададрасон дар ҷаласаи Ҳукумат маъқул дониста шуданд.
Мақсади асосии амалӣ намудани ин стратегияҳо таъмини рушди бонизоми иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон буда, онҳо бо Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ҳамоҳанганд.
Бо истифода аз фурсат изҳори итминон менамоям, ки санадҳои мазкурро вакилони мардумӣ дар муддати кӯтоҳ баррасӣ ва тасдиқ мекунанд.
Ҷиҳати расидан ба ҳадафҳое, ки дар асоси барномаҳои зикршуда муайян гардидаанд, таъмини афзалиятҳои миллии зерин пешбинӣ мешаванд:
Якум. Ислоҳоти идораи давлатӣ идома дода мешавад, ки он ба такмили низоми идоракунӣ нигаронида шуда, хусусияти хосаш шаффофияти фаъолияти тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва мубориза бар зидди коррупсия мебошад.
Дуюм. Рушди соҳибкории хурду миёна ва густариши ҷалби сармоя таъмин карда мешавад, ки ба тавсеаи озодиҳои иқтисодӣ, таҳкими ҳуқуқи моликият, риояи қонуният дар ин самт ва рушди ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ асос ёфтааст.
Сеюм. Инкишофи нерӯи инсонӣ бо роҳи зиёд кардани ҳаҷм ва сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ ва ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, иштироки фаъолонаи аҳолӣ дар раванди рушди давлат ва таҳкими шарикии иҷтимоӣ таъмин карда мешавад.
Татбиқи афзалиятҳои зикршуда барои бунёди давлати пешрафта ва ташаккули ҷомеаи мутамаддин шароит фароҳам меорад, ки дар он ҳамаи аъзои ҷомеа барои истифодаи дастовардҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ имкониятҳои баробар хоҳанд дошт.
Амалӣ гардонидани стратегияҳои миллии рушд ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ бояд бо дарназардошти талаботи зайл таъмин карда шавад:
Якум. Мақсадҳо, афзалиятҳо ва самтҳои асосии ин санадҳо барои дигар барномаҳои мӯҳлатноки давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавӣ, инчунин барои барномаҳои кӯмаки беруна ба кишвар заминаи асосӣ ба ҳисоб мераванд.
Дуюм. Стратегияҳои мазкур бо роҳи таъмини рушди босуръати иқтисодиёт, ки ба истифодаи самарабахши захираву имкониятҳои мавҷуда, ҳамчунин сармояи беруна асос ёфтааст, татбиқ карда мешаванд.
Сеюм. Ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи шарикони рушд дар асоси принсипи баробарҳуқуқии бахши давлатӣ ва хусусӣ сурат мегирад.
Чорум. Бо мақсади ташаккули низоми рушди миллӣ салоҳият, вазифа ва нақши мақомоти марказӣ ва маҳаллии идоракунии давлатӣ такмил дода мешавад, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҷараёни муҳокимаи қарорҳои қабулшаванда ва татбиқи онҳо таъмин мегардад.
Дар самти такмили низоми идоракунии давлат алҳол корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Миқдори вазорату кумитаҳои давлатӣ аз 25 то 17 ва идораҳои назди Ҳукумат аз 17 то 13 воҳид кам карда шуданд.
Бо мақсади ҷалби бештари инвеститсияҳо, фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягузорӣ, таъмини истифодаи самараноки амволи давлатӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ташкил карда шуд.
Ҷиҳати таъмини истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти назоратӣ, бартараф намудани тафтишҳои молиявии дубора ва такрори вазифаҳо, беҳтар намудани мубориза бо коррупсия Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис ёфт.
Айни ҳол Ҳукуматро зарур аст, ки ҷиҳати бо фаъолияти сохторҳои навтаъсис мутобиқ гардонидани қонунгузории амалкунанда чораҳои зарурӣ андешида, онҳоро ба баррасии Парламент пешниҳод намояд.
Бахшҳои Стратегияи миллии рушд, ки вазифаҳоро дар самти ислоҳоти идораи давлатӣ, беҳбуди фазои инвеститсионӣ, рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ дарбар мегиранд, барои фароҳам овардани шароити умумии сохторӣ пешбинӣ гардидаанд, ки ҳама дар маҷмӯъ ба пешрафти иқтисоди кишвар мусоидат мекунанд.
Мувофиқи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ пешбинӣ мегардад, ки то охири соли 2009 суръати миёнаи рушди солонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи на камтар аз 7 фоиз нигоҳ дошта шуда, ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ то 20 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, нишондиҳандаи миқдори пул то 15 фоиз ва ҳиссаи хароҷоти буҷети давлатӣ то ба 21 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонида шавад.
Ҳиссаи бахши хусусӣ аз 43 фоизи соли 2005 то 55 фоиз дар охири соли 2009 афзоиш меёбад.
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 43 миллиард сомонӣ ҷалб карда мешавад, ки аз он 24 миллиард сомонӣ маблағҳои худӣ мебошанд.
Ҷиҳати иҷрои ин вазифаҳо Шӯрои рушди миллӣ таъсис дода мешавад, ки он барои ҳамоҳангсозии умумии раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ дар мамлакат нақши муҳим хоҳад бозид. Ба ҳайати ин Шӯро намояндагони Ҳукумат, Парламент ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил карда мешаванд.
Ин иқдом имконият хоҳад дод, ки асосҳои демократии дигаргунсозиҳои навин васеъ ва мустаҳкам гардонида шаванд.
Дар доираи сиёсати макроиқтисодӣ иҷрои вазифаҳои вобаста ба рушди механизмҳои танзими муносибатҳои бозаргонӣ, баланд бардоштани самаранокии идораи маблағҳои давлатӣ ва андозбандӣ, такмили низоми муайян намудани дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, омор, сиёсати молия ва пулу қарз пешбинӣ шудаанд.
Дар буҷети соли 2007 бори аввал бо мақсади таъмини шаффофият ва истифодаи самараноки захираҳои молиявии давлатӣ ҳамаи манбаъҳои даромад муттаҳид карда шуданд, ки дар маҷмӯъ 3 миллиарду 300 миллион сомониро ташкил дод.
Вале бояд қайд кард, ки ҳанӯз на ҳамаи захираҳои молиявии воқеӣ пурра ба буҷет ҷалб карда мешаванд.
Бинобар ин, ба вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, омор ва Кумитаи андози назди Ҳукумат супориш дода мешавад, ки баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳии дақиқро дар фаъолияти тамоми субъектҳои хоҷагидорӣ ҳарчи зудтар ва дуруст ба роҳ монда, ҷараёни гузаришро ба стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ таъмин намоянд.
Дар баробари ин, ба Ҳукумат лозим аст, ки масъалаи пурра ба ҳисоб гирифтани андозсупорандагон ва манбаъҳои андозситонӣ, самаранокии андозбандии истифодабарандагони қаъри замин ва додани имтиёзҳоро оид ба андоз мавриди омӯзиш қарор диҳад.
Инчунин зарур мешуморам, ки андозбандии субъектҳои хоҷагидорӣ, бахусус дар соҳаи савдо ва дигар намудҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ки бо усули патентӣ ё дигар низоми соддакардашуда андозбандӣ мешаванд, баррасӣ гардида, дар ҳолати зарурӣ ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷорӣ пешниҳодоти мушаххас манзур карда шаванд.
Инчунин ҷиҳати ташкили шабакаи ягонаи иттилоотӣ ва таъмини мубодилаи маълумоти электронӣ дар мақомоти гумрук, андоз ва молияи кишвар чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Таъмини иқтисодиёт бо пул ва маблағҳои қарзӣ, нигоҳдории сатҳи мӯътадили таваррум ҷузъҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ мебошанд.
Бонки миллӣ барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳо дар доираи барномаи рушди низоми бонкӣ бояд чораҳои амалӣ андешад.
Муҳимтарини онҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби амонатҳо, зиёд кардани рақобати солим бо роҳи кушодани бозори молиявӣ барои воридшавии бонкҳои хориҷӣ, зиёд намудани ҳаҷми маблағгузории қарзӣ, алалхусус қарздиҳии хурд дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон мебошанд.
Низоми бонкии мамлакат бояд дар иҷрои вазифаи мусоидат ба рушди иқтисодиёт ва ворид кардани технологияҳои нав ҳарчи бештар фаъол бошад.
Дар кишвар соли 2006 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба корхонаҳои хурду миёна ва шахсони алоҳида 530 миллион сомонӣ қарзҳои хурд пешниҳод шуда буданд ва онҳо бояд дар давоми соли ҷорӣ ду маротиба, яъне то 1 миллиарду 100 миллион сомонӣ зиёд карда шаванд.
Рушди соҳаҳои бахши воқеии иқтисод - комплекси сӯзишвориву энергетикӣ, саноат, кишоварзӣ ва инфраструктура имкон медиҳад, ки тавассути густариш додани шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин ҷалби сармоя, аз ҷумла сармоягузориҳои мустақим барои рушди устувор ва босуръати иқтисоди мамлакат асоси боэътимод гузошта шавад.
Яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисод ҷалби инвеститсияҳо мебошад. Солҳои охир воридшавии сармоя, аз ҷумла сармоягузории мустақим ба соҳаҳои иқтисодиёт афзоиш ёфта истодааст. Дар соли 2006 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо беш аз 2 миллиард сомонӣ инвеститсияҳо дохил гардидаанд, ки аз он 1,3 миллиард сомониро сармоягузории мустақим ташкил медиҳад.
Вале марҳилаи нави рушди иқтисодиёт зарурати ҷалби бештари инвеститсияҳо ва такмил додани механизми воридсозии сармояро талаб менамояд.
Аз ин рӯ, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия ва дигар мақомоти дахлдор лозим аст, ки вобаста ба самаранокии лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва шартҳои маблағгузории онҳо пешниҳодоти мушаххас таҳия ва манзур намоянд.
Бо мақсади беҳтар кардани фазои инвеститсионӣ, сари вақт мутобиқ гардонидани қонунгузории кишвар бо талаботи замон зарур аст, ки дар назди Президенти мамлакат Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ ташкил карда шавад.
Дар самти тараққӣ додани инфраструктура барои солҳои наздик вазифаҳои асосӣ аз гузаронидани ислоҳоти сохторӣ, татбиқи чорабиниҳои индустриаливу инноватсионӣ, баланд бардоштани самаранокии захираҳои мавҷуда ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии нав иборатанд.
Дар шароити кунунӣ лозим аст, ки раванди таҷдиди сохтори корхонаҳои саноатӣ ва рушди бозори қоғазҳои қимматнокро тезонида, қисми саҳмияҳои корхонаҳои саноатиро бо мақсади ҷалб намудани инвеститсияҳо равона карда, дар ин замина барои густариши истеҳсолоти рақобатнок шароит фароҳам оварда шавад.
Аз ин лиҳоз, ба вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Бонки миллӣ супориш дода мешавад, ки барои иҷрои ин вазифаҳо чораҳои мушаххас андешанд.
Инчунин дар ин ҷода ба Ҳукумат супориш дода мешавад, ки ҳарчи зудтар доир ба ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ тадбирҳои лозимӣ андешад.
Бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва ба яке аз кишварҳои асосии содиркунандаи нерӯи барқ табдил додани Тоҷикистон ислоҳоти сохтории соҳа ва ба воситаи ташкил намудани консорсиумҳои молиявии байналмилалӣ сохтмони якчанд нерӯгоҳҳои барқи обӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионии давлатӣ ва сармоягузории мустақим ба ин мақсад дар се соли оянда зиёда аз 4,5 миллиард сомонӣ равона карда мешавад.
Дар баробари ин, ба Ҳукумат супориш дода мешавад, ки тартиби иштироки молиявии шаҳрвандон ва корхонаю ташкилотҳои ватаниро новобаста аз шакли моликияташон дар бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ бо дарназардошти ҳавасмандгардонии онҳо баррасӣ намуда, пешниҳоди мушаххас манзур намояд.
Зарур аст, ки дар ин бахш таҳияву татбиқи Консепсияи рушди энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 амалӣ карда шавад.
Дар ин раванд ба масъалаҳои таъмини пурраи эҳтиёҷоти кишвар ва зиёд кардани содироти нерӯи барқ аҳамияти аввалиндараҷа дода хоҳад шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди энергетика ҳамчун самти афзалиятноки иқтисоди миллӣ ба маблағи беш аз 1 миллиарду 800 миллион сомонӣ сармоягузории давлатиро равона карда, инчунин барои сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ду миллиарду 70 миллион сомонӣ ва Сангтӯда-2 ҳафтсаду шаст миллион сомониро чун сармоягузории мустақим ҷалб намудааст.
Татбиқи барномаҳо доир ба сохтмони нерӯгоҳҳо, аз ҷумла 17 нерӯгоҳи хурд, ки дар мамлакат сохта шуда истодаанд, имконият фароҳам меоварад, ки масъалаи таъминоти барқи ноҳияҳои дурдасти кишвар беҳтар карда шавад.
Минбаъд ба масъалаи кам кардани талафоти технологии қувваи барқ аҳамияти махсус дода хоҳад шуд.
Бо дарназардошти захираҳои бойи ангиштсанги мамлакат, ки 4,5 миллиард тоннаро ташкил мекунад ва имкониятҳои ба истифодаи ангиштсанг гузаронидани марказҳои гармидиҳӣ ва баъзе корхонаҳо таҳияи лоиҳаҳои инвеститсионӣ оид ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ бо истифодаи ангиштсанг мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода шаванд.
Бояд қайд кард, ки дар се соли оянда барои рушди соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, коммуникатсия ва соҳаҳои иҷтимоӣ бо дарназардошти сармоягузории хориҷӣ ба маблағи умумии 9 миллиард сомонӣ 82 лоиҳаи муштарак татбиқ карда хоҳанд шуд, ки аз онҳо ҳоло 50 лоиҳа ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ мавриди амал қарор дорад.
Муҳайё намудани шароити мусоид барои рушди соҳибкории хурди саноатӣ на танҳо ба беҳтар шудани вазъи шуғли аҳолӣ, балки ба пешрафти бемайлони иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳад кард.
Барои истифодаи афзалиятҳои истеҳсолии Тоҷикистон ва дастгирии соҳаҳои муҳимтарини саноат маҷмӯи чорабиниҳо, аз ҷумла пешниҳоди лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи саноати сабук ва хӯрокворӣ бояд пешбинӣ шаванд. Бо дарназардошти афзоиши талаботи иқтисодиёт ба саноати масолеҳи сохтмон низ диққати махсус дода мешавад.
Дар соҳаи аграрӣ бо мақсади таъмин кардани бехатарии озуқавории кишвар татбиқи чорабиниҳои мушаххас, аз ҷумла таҳия ва қабули барномаҳои бехатарии озуқаворӣ ва рушди истеҳсолу содироти маҳсулоти кишоварзӣ барои давраи то соли 2015 дар назар аст.
Баланд бардоштани самаранокии соҳаи пахтакорӣ пеш аз ҳама бо роҳи ҳал кардани проблемаи қарзи хоҷагиҳои пахтакор дар асоси иҷрои нақшаи чорабиниҳои Ҳукумат оид ба ҳалли он, таъмини озодии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кам кардани дахолати мақомоти маҳаллӣ ба фаъолияти онҳо пешбинӣ шудааст.
Вобаста ба ин, зарур аст, ки дар хусуси таъмини истифодаи оқилонаи замин, механизми нави маблағгузории истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин андешидани чораҳо барои истифодаи мақсадноки маблағҳо пешбинӣ гардад.
Дар се соли оянда ба соҳаи кишоварзӣ барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо, азхудкунии заминҳои нав ва кадастри замин аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузории давлатӣ зиёда аз 900 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар соли 2007-ум 200 миллион сомонӣ равона карда мешавад.
Баробари ин зарур аст, ки аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар доир ба тезонидани татбиқи "Барномаи рушди соҳаи коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ барои солҳои 2007-2015" тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Бо дарназардошти ин, ки ҳамгироӣ бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ омили муҳими рушди иқтисодии Тоҷикистон мебошад, зарур аст, ки татбиқи чорабиниҳои вобаста ба ҳамгироии кишвар дар доираи созмону ташкилотҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ, раванди озод кардани савдои хориҷӣ ва ҷорӣ намудани тарзу усулҳои муосири ҳамкориҳои байналмилалӣ идома ёбад.
Ҳоло раванди музокирот оид ба дохилшавии Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Савдо ба таври мусбат идома дорад.
Дар тезонидани ҳалли маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба ҳамоҳангсозии низоми қонунгузорӣ ва фаъолияти иқтисоди миллӣ бо шароити Созмони Ҷаҳонии Савдо Ҳукумат ва Парламент бояд нақши асосӣ дошта бошанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Бо дарназардошти аҳамият ва зарурати ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ Ҳукумати кишвар солҳои охир беҳтар кардани вазъи молиявии ин бахшро дар мадди аввал мегузорад.
Вале ҳарчанд ки хароҷоти иҷтимоии давлат дар соли 2006 панҷоҳ фоизи хароҷоти буҷетро ташкил намуда, дар ин самт як силсила қонунҳо ва барномаҳои нав қабул карда шуданд, дар соҳа ҳанӯз пешравиҳои назаррас мушоҳида намешаванд.
Илова бар ин, вобаста ба омилҳои демографӣ ва афзоиши шумораи аҳолӣ талабот ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ сол то сол бештар мегардад.
(Аҳолӣ соли 1992 5 миллиону 572 ҳазор нафар буд, соли 2007 ба 7 миллиону 200 ҳазор расид. Афзоиш қариб 1 миллиону 700 ҳазор нафарро ташкил намуд, ки ин баробари аҳолии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошад).
Дар чунин шароит татбиқи чорабиниҳои дар Стратегияи миллии рушд ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ пешбинишуда имкон медиҳад, ки нерӯи инсонӣ баланд бардошта, имкониятҳои он васеъ карда шаванд.
Дар соҳаи маориф, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошад, дар солҳои наздик муқаррар намудани стандартҳои маълумоти кафолатноки аз нигоҳи молиявӣ асоснокро пешбинӣ намудан ва дар айни замон таҷдиди назар кардани қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти соҳа зарур аст.
Ин иқдом имконият хоҳад дод, ки мустақилияти муассисаҳои таълимӣ дар ҳамаи сатҳҳо баланд бардошта шавад.
Дар мавриди пешниҳоди хизматрасониҳои таълимӣ аз тарафи бахши хусусӣ тадбирҳо андешидан зарур аст.
Бо ин мақсад бояд стандартҳои ҳамаи дараҷаҳои таълим бо дарназардошти дастгирии молиявии давлат ва рушди демографӣ таҷдиди назар гардида, мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ, инчунин воситаҳои аёнӣ ва асбобу ашёи таълимӣ ба талаботи давлати миллии муосир мутобиқ карда шаванд.
Ҷиҳати татбиқи барномаҳои нав оид ба ҷорӣ намудани низоми ягонаи идоракунии маориф, пайвастшавии муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи интернет, баланд бардоштани дараҷаи маълумоти хонандагон дар самти ҳуқуқи инсон, тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси омӯзгорон тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд.
Ҳамчунин пешбинӣ мешавад, ки инвентаризатсия ва омӯзиши ҳолати инфраструктураи соҳаи маориф ва заминаи моддиву техникии ҳамаи муассисаҳои таълимӣ гузаронида шавад.
Имсол татбиқи "Барномаи компютерикунонии мактабҳои маълумоти асосӣ ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2007" ба охир мерасад. Бо дарназардошти ҳолати иҷрои санади мазкур Вазорати маориф бояд марҳалаи дуюми ин ислоҳотро барои солҳои 2008-2015-ум таҳия ва пешниҳод намояд.
Маблағгузории соҳаи маориф сол то сол зиёд мегардад. Агар дар соли 2006-ум 336 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шуда бошад, дар соли 2007 он ба 506 миллион сомонӣ расонида шуд.
Барои сохтмони мактабҳо ва чопи китобҳои дарсӣ аз ҳисоби буҷет ва дигар манбаъҳо 52 миллион сомонӣ сарф гардид. Дар натиҷа 125 иншоотҳои соҳаи маориф сохта, таъмир ва аз нав барқарор карда шуданд.
Дар солҳои охир шумораи мактабҳои типи нав, гимназия, литсей ва мактабҳои хусусӣ зиёд шуда истодааст. Имрӯз дар кишвар 84 гимназия, 50 литсей ва 9 мактаби хусусӣ фаъолият дорад.
Дар ин муассисаҳо низоми таълим бо равия ва усулҳои нав ба роҳ монда шудааст. Ғайр аз ин, имсол дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе бунёди гимназияи ҷумҳуриявӣ барои мактаббачагони болаёқат бо ҳазор ҷои нишаст оғоз гардид, ки соли оянда ба истифода дода мешавад.
Инчунин сохтмони мактаб-интернати Президентӣ барои кӯдакони ятим дар шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз шуд, ки он низ то охири соли оянда мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Лоиҳакашии сохтмони биноҳои Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба охир расида истодааст, ки мувофиқи он ҳар сол як корпуси таълимӣ ва як хобгоҳи он ба истифода дода хоҳад шуд.
Ҳамчунин имсол сохтмони китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи меъёрҳои муосир оғоз меёбад. Соли оянда бунёди корпусҳои нави таълимии Донишгоҳи техникӣ ва таъмири хобгоҳҳои он барои бештар аз 2 ҳазор донишҷӯ шурӯъ мегардад.
Худи ҳамин сол сохтмони филиали донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи устод Айнӣ дар ноҳияи Рашт оғоз мешавад.
Ҳоло теъдоди таълимгоҳҳои касбӣ дар кишвар зиёд шудааст. Имрӯз дар макотиби олӣ ва таълимгоҳҳои касбӣ беш аз 202 ҳазор донишҷӯ соҳиби ихтисос мешаванд. Шумораи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз 69 ҳазори соли 1991 ба 141 ҳазор нафар расидааст, ки афзоиши қариб дуюним баробарро ташкил медиҳад.
Дар баробари зиёд гардидани шумораи хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ роҳбарони муассисаҳои таълимӣ пеш аз ҳама, бояд ба сифати таълиму тарбия таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд, барои тақвият додани асосҳои моддиву техникии таълимгоҳҳо, бунёди лабораторияҳо, кабинетҳои методӣ, устохонаҳои таълимӣ, китобхонаҳои электронӣ ва таъмиру бунёди хобгоҳҳои замонавӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Моро лозим аст, ки масъалаи тайёр намудани кадрҳоро пеш аз ҳама дар дохили кишвар дуруст ба роҳ монем. Кӯшиш намоем, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат мутахассисони ба рақобати бозори меҳнат тобоварро тарбия кунем. Онҳо бояд ду-се забони хориҷӣ ва технологияи муосирро азхуд карда бошанд.
Дар баробари ин барои дар хориҷи кишвар тарбия кардани кадрҳо аз рӯи ихтисосҳое, ки мо имкони тайёр кардани онҳоро надорем, тадбирҳо андешидан зарур аст.
Бо вуҷуди чорабиниҳои то имрӯз андешидашуда дар соҳаи маориф сифати таълим ҳанӯз ҳам ба талабот ҷавобгӯ набуда, ҷараёни таълим ва фаъолияти роҳбарони муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилот беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад.
Илова бар ин, вақти он расидааст, ки аз роҳбарони Вазорати маориф, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ҳамаи зинаҳо ва идораву муассисаҳои дахлдор сар карда, то мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, зиёиён, падару модарон ва умуман аҳли ҷомеа ба масъалаи сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани маърифатнокию ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандии фарзандон саҳми арзанда гузоранд.
Мӯҳтарам намояндагони халқ!
Барои солҳои наздик самтҳои асосии рушди илм ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими сиёсати давлат пеш аз ҳама аз истифодаи самараноки иқтидорҳои илмӣ ва таҷдиди заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ, густариши раванди ҳамгироии илми ватанӣ ва вусъат додани ҳамкориҳои байналмилалии илмиву техникӣ иборат хоҳанд буд.
Бо ин мақсад зарур аст, ки ба ислоҳоти бахши илм ҳам дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳам дар академияҳо ва институтҳои илмию таҳқиқотии соҳавию мактабҳои олӣ вусъати тоза бахшида шавад.
Зеро пешрафти ҷомеаро бе тараққиёти истеҳсолот, бахусус саноат таъмин кардан ғайриимкон мебошад. Барои пешрафти истеҳсолот бошад, инкишофи илм, инноватсия ва ихтироъкориҳо заруранд. Маблағгузории илм сол то сол бештар мешавад.
Зарур аст, ки илм умуман ва илмҳои табиатшиносиву техникӣ махсусан, ба рушди истеҳсолот нигаронида шавад. Фаъолияти Академияи илмҳо дар ин самт ҳанӯз ҷавобгӯи талабот нест ва ба василаи нерӯдиҳандаву навсозандаи технология табдил наёфтааст.
Институтҳои тадқиқотии Академияи илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ самаранокии тадқиқоти илмӣ ва навҷӯиро бояд зиёд кунанд.
Тарзи роҳбарӣ ба онҳо низ такмил мехоҳад. Дар ин роҳ аз усулҳои кӯҳнашуда бояд даст кашида шавад. Ба соҳаҳои афзалиятноке, ки ба пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ бевосита таъсир мерасонанд, диққати асосӣ додан лозим аст.
Суръат бахшидан ба ислоҳоти бунёдии низоми тандурустӣ, ки ҳадафи он васеъ гардонидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ мебошад, таҳия ва татбиқи консепсияи ислоҳоти тандурустӣ, барномаи базавии расонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ бо ҷорӣ намудани тартиби такмилдодашудаи пешниҳоди намудҳои кафолатноки хизматрасониҳои тиббӣ ва такмили марҳила ба марҳилаи меъёрҳои тандурустӣ аз вазифаҳои муҳими мо мебошад.
Ҳукумат танҳо барои соли гузашта ва имсол ба соҳаи тандурустии кишвар ба маблағи умумии 465 миллион сомонӣ 80 лоиҳаи инвеститсиониро ҷалб кардааст, ки онҳо асосан дар шакли грант татбиқ мегарданд.
Беҳтар кардани дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ бо роҳи тақсимоти оқилонаи захираҳои молиявӣ, аз ҷумла бо истифодаи усулҳои маблағгузории сарикасӣ дар сатҳи кӯмаки аввалияи санитариву тиббӣ ва хароҷот дар беморхонаву дармонгоҳҳо ба роҳ монда мешавад.
Ин амал ба шаффофияти истифодаи маблағҳои буҷетӣ мусоидат намуда, робитаи бевоситаи маблағгузориро бо натиҷаҳои ниҳоии кори муассисаҳои тиббӣ таъмин мекунад.
Бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ Вазорати тандурустӣ якҷоя бо Вазорати молия усулҳои нави маблағгузории соҳаро бо дарназардошти хусусиятҳои минтақавӣ тезонида, ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд.
Барои беҳтар намудани сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ давра ба давра ҷорӣ кардани шаклҳои нави кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ пешбинӣ мегардад.
Бинобар ин, ба Ҳукумат зарур аст, ки якҷоя бо мақомот ва сохторҳои дахлдор лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тибби оилавӣ"-ро таҳия намояд.
Инчунин зарурати таҳияи қонунҳо "Дар бораи суғуртаи ихтиёрии тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи суғуртаи тиббӣ" ба миён омадааст.
Иҷрои чорабиниҳои зикршуда имкон медиҳад то соли 2009 нишондиҳандаҳои тандурустии аҳолии мамлакат, ки дар ҳуҷҷати Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола пешбинӣ гардидаанд, тадриҷан таъмин карда шаванд.
Ислоҳоти низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо қабули консепсияи нави рушди бахш ва такмили қонунгузорӣ, консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, давра ба давра ҷорӣ намудани тартиби устувори маблағгузории нафақа ва низоми ҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда амалӣ мегардад.
Илова бар ин, низоми ягонаи байниидоравии додугирифти маълумот байни мақомоти шуғли аҳолӣ, муҳоҷират, суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа таъсис дода мешавад.
Барои фарогирии ҳарчи бештари аҳолӣ бо шуғл ва татбиқи сиёсати давлат дар бахши муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ маҷмӯи чорабиниҳо оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ пешбинӣ мешаванд, аз ҷумла мусоидат ба бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузориҳо, дастгирии машғулиятҳои инфиродӣ ва шуғли занҳо, инчунин инкишофи ҳунарҳои халқӣ ва меҳнати хонагӣ, бозомӯзии корҷӯён бо касбҳои нав, ки ба онҳо дар бозори меҳнат талабот зиёд аст ва шаклҳои шуғли муваққативу мавсимӣ васеъ истифода мегарданд.
Дар робита бо ин масъала ба Бонки миллӣ, Амонатбонк ва Вазорати молия супориш дода мешавад, ки дар хусуси солҳои наздик се-чор баробар зиёд кардани қарзҳои имтиёзнок ва қарзҳои хурд тадбирҳои муассир андешанд.
Ғайр аз ин, бо мақсади осон гардонидани ҷараёни ҷустуҷӯи кор ва таъмини корхонаҳо бо қувваи корӣ шабакаи хизматрасониҳои машваратӣ дар хадамоти шуғл васеъ карда мешавад.
Татбиқи тадбирҳои аввалиндараҷа дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дар солҳои наздик имкон медиҳад, ки самаранокии идораи маблағҳои давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва умуман низоми нафақа баланд бардошта, миқдори шахсони бо суғуртаи давлатии иҷтимоӣ фаро гирифташуда афзоиш ёбад. Аз ин ҳисоб воридоти пардохтҳо афзун ва сатҳи бекорӣ паст карда мешавад.
Маблағгузории ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бемайлон зиёд гардида, дар соли ҷорӣ 450 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 44 миллион сомонӣ барои пардохти ҷубронпулӣ ва кӯмакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат равона карда мешавад.
Ин чорабиниҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ барои беҳбудии зиндагии беш аз 650 ҳазор нафар пиронсолону маъюбон ва ятимону оилаҳои бесаробон равона гардидаанд.
Иҷрои саривақтӣ ва самарабахши тадбирҳои андешидашуда пеш аз ҳама ба фаъолияти мақсаднок ва масъулонаи Ҳукумат, махсусан Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста мебошад.
Дар баробари ин, вазифаи муқаддаси роҳбарони идораву ташкилотҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ҳамчунин соҳибкорон ин аст, ки бунёди корхонаҳои хурду миёнаро зиёд карда, воридоти технологияҳои навро афзоиш диҳанд ва бо ҳамин роҳ шумораи ҳарчи бештари аҳолиро бо ҷои кор таъмин намоянд.
Ин саҳми бузурги ватанпарастонаи онҳо дар ҳалли проблемаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ мешавад.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Тоҷикистон дар баробари ин, ки ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон аз низому меъёрҳои умумипазируфташудаи байналмилалӣ пайравӣ мекунад, рушди минбаъдаи давлат ва пешрафти ҷомеаи кишварро дар заминаи истифодаи васеъ аз фарҳангу анъана ва суннатҳои таърихиву миллӣ таъмин менамояд.
Зеро кишвари мо дар шароит ва марҳалаи эъмори давлати соҳибистиқлол ва муосири миллӣ қарор дорад.
Ташаккули давлати миллӣ ва эҷоди пояҳову анъанаҳои давлатдории миллӣ бо раванди тавсеаи ҳисси худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шинохти таърих ва арзишҳои ахлоқии ниёгонамон робитаи мустақим дорад.
Дар ин раванд мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки тоҷикон ҳамчун яке аз қавмҳои қадимаи мардуми ориёинажод соҳиби таърихи беш аз панҷҳазорсолаи тамаддун ва фарҳанги давлатсозиву давлатдорӣ мебошанд.
Дар тӯли асрҳои зиёд аҷдоди хирадманди мо дар қаламрави зисти худ ва ҳатто берун аз он дар саргаҳи инқилобҳои бузурги зеҳниву ақлӣ қарор доштаанд ва эҷодгарони фарҳанги пешрафта, бунёдгузорони давлатҳои соҳибқудрат ва муназзам, муаллифони осори ҷовидонаи илмҳои фалсафа, ҳуқуқ, тиб ва табиатшиносӣ будаанд, ки ин осор садсолаҳои дароз хизмати инсониятро ба ҷо оварда ва имрӯз низ аҳамияти худро аз даст надодааст.
Чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ, аз ҷумла таҷлили солгарди фарзандони фарзонаи миллат, ҷашни шаҳрҳои бостонии кишвар ва ба ин монанд маъракаҳо аз як тараф арҷгузории шоиста ва ба ҷо овардани эҳтиром ба гузаштаи худамон бошад, аз тарафи дигар тарбияи эҳсоси гарми ватандориву ватандӯстӣ дар қалбҳои мардум, пеш аз ҳама ҷавонон, тақвияти худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори миллии ҳар як фарди бонангу номус мебошад.
Итминон дорем, ки дар сатҳи арзанда доир намудани ҷашнҳои 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва 1150-солагии қофиласолори адабиёти классикии тоҷику форс - Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ боиси боз ҳам афзудани эҳсоси худшиносиву ватанпарастии аҳли ҷомеаи мо хоҳанд шуд. Чунки ин ҳарду абармарди олами ирфону адаб фарзандони миллати куҳанбунёди тоҷик мебошанд.
Масъалаи дигаре, ки мазмуну мӯҳтавои тарбияи наслҳои имрӯзу оянда ба ҳалли он иртиботи ногусастанӣ дорад, баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум аст.
Нақши китоб ва китобхонаҳо барои ин мақсад хеле муҳим аст. Бинобар ин Ҳукумати Тоҷикистон ду барномаро барои рушди фаъолияти китобдорӣ барои солҳои 2006-2015 қабул намуд, ки маблағи умумии онҳо ҳашт миллион сомонӣ мебошад.
Имрӯз дар кишвар 1330 китобхонаи оммавӣ фаъолият дорад, ки фонди китобҳои онҳо бештар аз 13 миллион нусха мебошад.
Бо вуҷуди ин, табъу нашри китоб ва масъалаи таблиғи китобхонӣ таваҷҷӯҳи ҷиддиро талаб мекунад. Китобхонӣ ҷузъи муҳими тарбияи насли наврасро бояд ишғол кунад. Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст.
Бо дарназардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ ҳамчун Рӯзи китоб муқаррар карда шавад.
Ҳамчунин зарур аст, ки "Барномаи давлатии рушди саноати полиграфӣ барои солҳои 2008-2015" таҳия гардад ва барои минбаъд дар дохили кишвар нашр намудани адабиёти бадеӣ ва илмиву таълимӣ, коғазҳои қиматнок ва умуман ҳамаи намудҳои маводи чопӣ бо ворид кардани таҷҳизоти муосир заминаи мусоиди моддиву техникӣ ба вуҷуд оварда шавад.
Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, фарҳанг, маориф ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои амалӣ намудани ин барнома пешниҳодоти зарурӣ манзур намоянд.
Дар раванди бунёди ҷомеаи муосир, ташаккули ҷаҳонбинии васеи ҷавонон воситаҳои иттилоот, радио ва телевизион ҳамчун оинаи ҳаёти ҳаррӯзаи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат бояд ҳарчи фаъолтар саҳмгузор бошанд.
Ташаккул ва рушди сиёсати иттилоотӣ чун қисми таркибии сиёсати дохиливу хориҷии давлат бояд ба амалигардонии талаботи Конститутсияи Тоҷикистон дар бобати бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба таври муассир мусоидат намояд.
Дар фаъолияти воситаҳои иттилооти омма пеш аз ҳама бояд низоми мукаммали таҳияи мавод оид ба тарбияи худшиносии миллӣ ва ватанпарастӣ ташаккул ёфта, тарғиби анъанаву суннатҳои асили фарҳанги миллӣ бо дарназардошти талаботи замони пешрафт ва дастовардҳои беҳтарини фарҳанги башарӣ ба роҳ монда шавад.
Илова бар ин, дар заминаи фазои солими иттилоотӣ таъмин кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони мамлакат ба иттилоот ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дастрас намудани маълумоти воқеӣ дар бораи муҳимтарин воқеаҳои ҳаёти Тоҷикистон ба Ҳукумат супориш дода мешавад, ки Консепсияи сиёсати иттилоотии давлатиро таҳия намояд.
Давлат минбаъд низ сиёсати демократикунонии ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро устуворона идома медиҳад. Дар доираи ин сиёсат қонунгузории мамлакат мунтазам такмил ёфта, озодиву ҳуқуқҳои шаҳрвандон вусъат пайдо хоҳанд кард.
Мо дар ин самти стратегӣ то имрӯз корҳои зиёдеро анҷом додем. Вале бояд таъкид кард, ки ин роҳ хеле дуру дароз, пур аз мушкилот ва шебу фароз буда, мо ҳанӯз дар оғоз ё саргаҳи он қарор дорем ва барои расидан ба ин мақсади олӣ заҳмати шабонарӯзӣ ва талошу ташаббуси ҳар як корманди давлатӣ ва тамоми ҷомеа зарур аст.
Таҳкурсии чунин давлатро ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ ташкил медиҳад, ки он аз одамони озод, баробарҳуқуқ, соҳибмаърифат ва эҷодгару ташаббускор иборат аст.
Дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарбияи аъзои фаъоли он дар баробари сохтору мақомоти масъули давлатӣ ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ ба сифати унсурҳои фаъоли ҷомеа бояд нақши арзанда дошта бошанд.
Дар раванди созмон додани ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши қонун, эҳтиром, риоя ва иҷрои он ниҳоят бузург аст. Маҳз аз ин рӯ, ман борҳо таъкид кардаам, ки қонун бояд меъёри муайянкунандаи рафтори ҳаррӯзаи шахс, фаъолияти ташкилоту муассисаҳо ва воситаи танзимкунандаи муносибатҳои ҷомеа бошад.
Зеро қонун меъёрест, ки бо дарназардошти манфиатҳои умумиҷамъиятӣ, принсипҳои ҳақиқат ва адолат ҳамчун заминаи асосии пешравии ҷомеа, ризоияти умум ва суботу оромӣ таҳия карда мешавад.
Дар ин самт ба масъалаи эҷоди қонунҳо ва ҷараёни муҳокимаву мувофиқа кардани онҳо эътибори ҷиддӣ бояд дод. Мо бояд ҳамеша талош намоем, ки қонунҳои қабулшаванда бечунучаро мукаммал бошанд ва муносибатҳои ҷамъиятиро дақиқу аниқ танзим намоянд.
Маҷлиси Олии мамлакат ва пеш аз ҳама Маҷлиси намояндагон дар ин ҷода бояд нақши ҳалкунанда бозад.
Ҳарчанд ки то имрӯз аз ҷониби Парламенти кишвар садҳо қонуни фароҳаморандаи заминаҳои ҳуқуқии суботу оромӣ, рушду такомули ҷомеа ва танзимкунандаи муносибатҳои мухталифи ҷамъиятӣ қабул карда шудаанд, вале ин ҳанӯз басанда нест.
Таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва ҳадафҳои таърихии мо талаб менамоянд, ки асноди қонунгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, пулию қарзӣ ва сиёсати инвеститсионӣ пайваста такмил дода шаванд, зеро соҳаҳои зикршуда тез инкишоф меёбанд ва зарур аст, ки бо такмили қонунгузорӣ танзими ҳуқуқии онҳоро сари вақт таъмин намоем.
Аз байн бурдани мухолифати миёни қонунҳо ва ба шароити имрӯза мутобиқ намудани онҳо яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи қонунгузорӣ мебошад.
Ба ин масъала мо борҳо ишора карда будем, вале ихтилофи байни асноди қонунгузорӣ дар амалияи ҳуқуқӣ ҳанӯз ҳам ба мушоҳида мерасад.
Илова бар ин, зарурати ҷиддии ба ҳам мувофиқ сохтани қонунҳои миллӣ бо усулу меъёрҳои умумипазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ эҳсос мегардад. Воқеан, мо афзалияти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро нисбат ба қонунҳои миллӣ эътироф кардаем, аз ин рӯ, бояд оид ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир намоем.
Амалӣ гардидани мақсадҳои олии мо бе таъмини волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои он, бе мавҷудияти тартиботи ҳуқуқӣ ва фазои орому босуботи ҷомеа ғайриимкон аст.
Дар ин ҷода мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат корҳои муҳим ва назаррасро анҷом додаанд.
Барои таҳкими минбаъдаи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини суботу оромии ҷомеа бояд бар зидди ҷиноятҳои хавфноки муосир - терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ муборизаи қатъӣ бурд.
Сол ба сол зиёд шудани истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон хатари ин ҷиноятҳоро боз ҳам меафзояд, ки он ба оромию суботи минтақа ва умуман ҷаҳон таҳдид менамояд.
Зарур аст, ки мақомоти номбурда барои муборизаи самаранок бурдан бо ин хатарҳои ҷаҳонӣ дар ҳамоҳангии фаъолияти байниҳамдигарӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи дигар кишварҳо амал намоянд.
Барои дар сатҳи баланд иҷро намудани вазифаҳои хизматии кормандони мақомоти ҳифзи хуқуқ ва сохторҳои низомӣ зарур аст, ки онҳо дорои таҳсилоти зарурии касбӣ, сифатҳои кордонию ташкилотчигӣ, ҳисси баланди ватандорию ифтихори миллӣ бошанд ва талаботи қонунҳо ва оинномаҳои хизматии худро бечунучаро ба ҷо оранд.
Яке аз омилҳои муҳими таъмини авзои босуботи ҷомеа таҳкими ҳокимияти судӣ мебошад. Илова ба тадбирҳои то имрӯз дар ин самт андешидашуда Барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ таҳия гардидааст, ки дар он роҳҳо ва мӯҳлатҳои мушаххаси таҳким ва рушди минбаъдаи мақомоти судӣ пешбинӣ шудаанд.
Таъмин намудани қонуният ва адолат аз ҷониби ҳокимияти судӣ шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат ва расидан ба мақсадҳои ниҳоие мебошад, ки мо дар назди худ гузоштаем.
Вобаста ба мавзӯи ҳуқуқ ва фаъолияти қонунэҷодкунии давлат мехоҳам як масъаларо хотирнишон созам, ки он ба вазъи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар кишварамон дахл дорад.
Давлати мустақили Тоҷикистон содиқ будани худро ба ӯҳдадориҳои байалмилалии ба зимма гирифтааш дар амал нишон дода, то имрӯз талаботи ҳамаи конвенсияҳои оид ба ҳуқуқи инсонро иҷро карда истодааст.
Дар татбиқи ҳадафҳои ин самти ҳаёти давлат ҳамаи рукнҳои ҳокимият, инчунин институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор мебошанд. Гузашта аз ин, ман ҳамчун Президент вазифаи худ медонам, ки меъёрҳои Конститутсияи мамлакат оид ба арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ пайваста ва пайгирона татбиқу таъмин карда шаванд.
Бо мақсади пурзӯр намудани фаъолият дар ин бахш ва густариши минбаъдаи раванди демократикунонии ҷомеа, инчунин баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон чунин мешуморам, ки дар мамлакатамон вақти ҳалли масъалаи таъсис додани институти миллии ваколатдори ҳуқуқи инсон расидааст.
Ин сохтор ҳамчун яке аз институтҳои демократӣ бояд робита ва ҳамкории мақомоти давлатиро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ боз ҳам тақвият диҳад. Зарур аст, ки барои таъсиси чунин сохтор тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ андешида шаванд.
Дигар масъалае, ки ҳамчунин кӯшиши якҷояи ҳамаи рукнҳои ҳокимият, аҳзоби сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои иттилооти омма, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва таҳсилоти умумӣ, зиёиён ва умуман аҳли ҷомеаро талаб мекунад, тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ ва зина ба зина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум ва пеш аз ҳама ҷавонон аст.
Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва
вакилони Маҷлиси намояндагон!
Низоми навини равобити байналмилалӣ имрӯз ҷиддан тақозо дорад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳимтарин ҳадафҳои миллии худ, яъне таъмини истиқлолияту озодӣ, ҳифзи амнияту суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишварро дар асоси стратегияи фарогир ва санҷида амалӣ намояд.
Бинобар ин, сиёсати хориҷии мо, ки қабл аз ҳама ба фароҳам овардани шароити созгор ва мусоид барои инкишофи иқтидори моддиву маънавии кишвар равона шудааст, бояд бо тақозои вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯз, таҳлилу баррасии равандҳои ҷадид дар муносибатҳои байналмилалӣ, ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳу василаҳои беҳтарини татбиқи манфиатҳои миллӣ ва тақвият додани фазои дӯстонаи ҳамкориву равобит бо кишварҳои дигар пеш бурда шавад.
Чунонки борҳо иброз доштаам, раванди дар ҳаёти байналмилалӣ ҳокими асри мо ҷаҳонишавист, ки ҳамзамон бо нақши мусбати бештар табиати иқтисодидоштаи худ ба ҷанбаи маънавии ҳаёти инсоният фишори рӯзафзун эҷод менамояд.
Дар чунин шароит ҳифзи асолат ва ҳуввияти миллӣ, арзишҳои волои фарҳангӣ ва дастовардҳои тамаддун, ҳимояи хусусиятҳои суннативу ахлоқӣ амри таъхирнопазир ва ҳаётӣ мегардад.
Торафт шиддат пайдо кардани зиддиятҳо ва рақобати қудратҳои мухталифи ҷаҳонӣ, ба андозаи назаррас коҳиш ёфтани суботи байналмилалӣ ва авҷ гирифтани фаъолияти гурӯҳу ҷунбишҳои миллатгарову нажодпараст аз зуҳуроти хатарноки олами имрӯз аст, ки аз ҳамаи мо зиракии сиёсӣ, мавқеъгирии усулӣ ва кӯшишҳои қотеъонаро тақозо дорад.
Ҳамзамон бо тамоюлҳои дигари ҷаҳонишавӣ раванди тозае низ арзи вуҷуд кардааст, ки он дар асоси манфиатҳои минтақавӣ ба ҳам омадани гурӯҳи давлатҳост.
Мисоли равшани он минтақаҳои Аврупои Ғарбӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Амрикои Лотинӣ ва монанди инҳост.
Бо дарназардошти хусусиятҳои ин раванди муҳим самти афзалиятноки сиёсати хориҷии мо ҳамоно таҳкими равобит бо кишварҳои минтақа аст.
Тоҷикистон мисли пештара эътиқодманд аст, ки вусъат додани ҳамкории ҳамаҷониба, истифодаи нерӯву имкониятҳои умумӣ бо такя бар анъанаву суннатҳои ғановатманди таърихи муштараки мо метавонад симои Осиёи Марказиро ба куллӣ дигаргун созад.
Вале имрӯз хатари маҳз ба манбаи ашёи хом табдил ёфтани минтақаи мо басо ҷиддист ва фақат саъю талоши муштарак, татбиқи ҳамгироии ҷиддӣ ва босамар, аз байн бардоштани монеаҳои ба таври сунъӣ эҷодшуда метавонад моро ба иқтисоди глобалӣ чун шарикони комилҳуқуқ ворид намояд.
Агар мо ба масъалаи ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ фарохтар назар афканем, зарурати эҷоди созмони хосе барои таҳкиму густариши ҳамгироии минтақавӣ эҳсос мешавад, ки берун аз ҳар гуна идеология буда, ҳадафи асосиву афзалиятноки он равобити маҳз иқтисодӣ мебошад.
Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки дар минтақа чунин созмоне таъсис дода шавад, ки хусусиятҳои асосии онро метавон ба шакли зайл шарҳ дод:
Якум. Дар ин созмон кишварҳои минтақа дар асоси ҳуқуқу вазифаҳои мутлақан баробари ҳамаи аъзоёнаш гирди ҳам оянд.
Дуюм. Аъзои созмон қабл аз ҳама барои ба миён овардани фазои ягонаи ҳуқуқӣ саъю кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Сеюм. Созмон бояд интиқоли озодонаи сармояву хизматрасонӣ, молу маҳсулот ва нерӯи кориро байни кишварҳои узв таъмин намояд.
Чорум. Ҳадафи умдаи он иборат аз истифодаи оқилонаи захираҳои обу энергетикӣ ва сарватҳои минералии минтақа бошад.
Панҷум. Ин созмон бояд эҷоди фазои ягонаи илмиву фарҳангӣ ва гуманитариро таъмин намояд.
Тоҷикистон чун кишвари ҷонибдори чунин ҳамгироӣ боварии комил дорад, ки амният ва суботи минтақа, рушди устувори иқтисодии Осиёи Марказӣ, рафъи мушкилоти давраи гузариш ва дар маҷмӯъ таъмини истиқлолияти сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои мо метавонад танҳо аз тариқи ҳамкории фаъол, муассир ва пурсамари минтақавӣ амалӣ гардад.
Вале мутаассифона чунин муносибат ба ин масъалаи доғи рӯз аз ҷониби ҳамаи кишварҳои минтақа яксон ва умумӣ нагаштааст ва ҳанӯз масоили ҷузъӣ ва сунъӣ дар роҳи густариши ҳамкориҳо садду монеаҳои ҷадид эҷод менамоянд.
Як мисоли мушаххас. Чандест, ки шабакаҳои электронии ахбор дар бораи захираҳои оби Осиёи Марказӣ маводи ғаразнокеро паҳн мекунанд. Менависанд, ки Тоҷикистон нерӯгоҳҳои барқии нав месозад ва гӯё ин кор пеши роҳи оби минтақаро гирифта, барои кишварҳои дигар бӯҳрони танқисии обро эҷод мекарда бошад.
Ҳар фарди солимфикр медонад, ки нерӯгоҳи барқӣ обро фурӯ намебарад, балки барои гардиш ёфтани турбинаҳо ва истеҳсол кардани барқ об бояд пайваста ҷорӣ бошад.
Дуюм ин, ки ҳеҷ нерӯи абарқудрат наметавонад пеши роҳи миллиардҳо метри мукааб обро баста, онро аз ҷорӣ шудан боздорад.
Сеюм ин, ки истгоҳи барқӣ бояд пайваста кор кунад, об ҳамеша ҷорӣ бошад ва маблағҳои аз тавлиди барқ бадастоянда дар муддати муайян харҷҳои пештараро пӯшонанд.
Ба назари ман, мушкилоти танқисии об ва интиқоли маводи энергетикиву сӯзишворӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд омили пешбарандаи танзими иттиҳоду ҳамкориҳо гардад.
Хуб мешуд, ки мо муносибатҳои холисона, содиқона ва ҳақиқатан дӯстонаву бародаронаро ба роҳ монда, проблемаҳои мавҷударо бо риояи ҳусни ҳамсоягӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳамоҳанг сохтану татбиқ кардани манфиатҳои муштараки минтақавӣ ҳал намоем. Тоҷикистон ҷонибдори қатъӣ ва эътиқодманди қавии танҳо ва танҳо чунин ҳамкорӣ ва чунин ҳамгироиҳост.
Ба хотири таъкиди ин нукта, ки суханҳои дар боло зикршуда калимоти хушку холӣ нестанд, чанд сухане якҷоя бо пешниҳодоти мушаххас гуфтанӣ ҳастам. Таърих гувоҳ аст, ки асрҳои тӯлонӣ оби дар Тоҷикистон тавлидшаванда ташнагии ҳамаи мардумони Осиёи Марказиро мешикасту даштҳои сӯзонро шодоб мекард. Сарзамини биҳиштосои мо ҳанӯз ҳам ин рисолати инсонпарваронаи худро бо сари баланд адо менамояд.
Мо ҳеҷ гоҳ бар зарари мардумони бародари минтақа ба иқдоме даст нахоҳем зад, баръакс омодаи ҳар гуна ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамгироӣ ҳастем. Тоҷикистон ҳамоно ҷонибдори таъсис додани Консорсиуми обу энергетикаи Осиёи Марказӣ аст.
Вале ба касе пӯшида нест, ки дар минтақа аллакай мушкилоти об ва алалхусус оби тозаи нӯшокӣ вуҷуд дорад ва ба таври табиӣ сол аз сол ҷиддитар хоҳад шуд.
Барои ҳалли ин масъалаи мубрам Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки кишварҳои Осиёи Марказиро аз кӯли Сарез бо чунин оби аълосифати аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намояд.
Аксарияти мо огоҳ ҳастем, ки кӯли Сарез дар баландии қариб 3300 метр ҷойгир буда, 17 миллиард метри мукааб оби софу аълосифат дорад. Аз рӯи ҳисоби мутахассисон агар мо қубури оберо, ки иқтидораш 50 метри мукааб дар як сония бошад, барпо намоем, ин об барои ба таври доимӣ ва ҳамеша таъмин кардани қариб нисфи аҳолии Осиёи Марказӣ кофист. Аз кӯл то сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон 600 километр масофа аст.
Баландии ин манбаи об имконият медиҳад, ки об аз боло бо харҷи камтарин ба манотиқи зарурӣ ҷорӣ гардад. Дар ҳолати ҳосил шудани ризоияти кишварҳои Осиёи Марказӣ, мо омода ҳастем Консорсиуми муштараке созмон диҳем ва бо кӯмаки институтҳои байналмилалии молиявӣ чунин як лоиҳаи азими инсонпарвариро, ки ба нафъи ҳар як сокини минтақа аст, амалӣ намоем. Чунки ташнагонро об додан дар дини мубини ислом аз савобтарин корҳо дониста шудааст.
Ҳалли ин масъала барои рафъи мушкилоти дар экосистемаи минтақа ҷойдошта ва аз байн бурдани хатари ба ҳамагон маълуми хароб шудани сарбанди Сарез низ мусоидат хоҳад кард.
Дӯстони азиз!
Бо дарназардошти ҳамаи ин масоил, рақобати тезу тунди геополитикӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ ва тақвияти рӯзафзуни кӯшишҳои беруна бо мақсади азхуд намудани ин захираву имкониятҳо водор месозад, ки Тоҷикистон ҷонибдори равандҳои ҳамгироӣ дар доираи минтақа, аз ҷумла тавассути истифодаи воситаву механизмҳои Иттиҳоди иқтисодии Евразия бошад.
Ҷиҳати таъмини шоиста ва зарурии манфиатҳои дарозмуддати худ, мо дар доираи ин созмон равобити худро бо кишварҳои узв таҳким хоҳем бахшид.
Дар айни замон рушду густариши минбаъдаи равобити ҳамаҷониба, амиқтар сохтани ҳамкориҳои низомию сиёсӣ, густурдатар намудани пайвандҳои иқтисодӣ ва алоқаҳои гуманитарӣ бо Федератсияи Россия аз ҳадафҳои умдаи мо хоҳад буд.
Ҳамкории фаъол ва муассири мо бо Созмони ҳамкориҳои Шанхай аз фаъолияти муштараки аъзои ин ташкилот дар мавриди мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории трансмиллии муташаккил оғоз шуда, идома ёфтааст.
Имрӯз муносибатҳои мо дар доираи ин созмон ғайр аз масоили зикршуда равобити судманди иқтисодиро низ дарбар мегиранд.
Аз ин рӯ, мо ҳамкории худро ҳам дар чаҳорчӯбаи ин сохтор ва ҳам мустақиман бо ҳар як кишвари узви он рушду нумӯъ мебахшем ва ҷонибдори таҳкими ин робитаҳо ҳастем.
Бахусус сатҳ ва мӯҳтавои робитаҳои мо бо ҳамсояи бузурги шарқиамон - Ҷумҳурии Мардумии Чин боло рафт ва дар самти муҳимтарин лоиҳаҳои ҳамкории барои Тоҷикистон муфиду пурсамар ғанӣ гашт.
Соли гузашта барои ҳамкориҳои мо соли хеле пурбаракат буд. Бо имзои Аҳдномаи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории миёни ду кишвар ҳангоми нахустин сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин марҳалаи сифатан нави равобит ва шарикии минтақавӣ оғоз гардид.
Мо итминон дорем, ки ин ҳамкории созанда ва робитаҳои судманд намунаи муносибатҳои неки ду кишвари ҳамсоя буда, ба нафъи ҳам мардумони мо ва ҳам минтақаву ҷаҳон аст.
Чун сухан дар бораи равобити мо бо кишварҳои минтақа меравад, бояд таъкид кард, ки мо ҷонибдори содиқи ҳамкориҳои минтақавӣ ҷиҳати боло бурдани сатҳи зиндагии халқҳоямон ва таъмини амнияту осудагӣ ва суботи минтақа ҳастем.
Мо ин амну амониро таҷзия ва тақсим намекунем, балки чунин мешуморем, ки оромии ҳар як кишвар василаи амнияти ҳамсояи ӯст ва дар ин замина бо эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ, ки ҳадафи асосии он мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои муосир дар минтақа аст, ҳамкории созанда дорем.
Аз ин лиҳоз, мо бо кишварҳои Ғарб, ки имрӯз таъмини амнияти Афғонистон ва мубориза бо хатару таҳдидҳои муосирро ба дӯш гирифтаанд, равобити худро густариш хоҳем дод. Чи дар масоили иқтисодӣ ва чи дар ҳалли мушкилоти мубрами башарият мо ҳамкориҳои худро бо кишварҳои Ғарб ва бахусус Штатҳои Муттаҳидаи Амрико бештар тақвият хоҳем бахшид.
Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ дорад ва таҳкими муносибатҳо бо ин Иттиҳод, инчунин тавсеаи беш аз пеши онҳо ба манфиати ҳамагон хоҳад буд.
Дар ин раванд мо муносибати дуҷониба ва равобити шарикиро бо ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо инкишоф хоҳем дод.
Мо ҳамкориҳои дӯстона, муассир ва созандаро бо кишварҳои ҳамҷавори худ дар минтақа - Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон ва Туркия мисли пештар самти афзалиятноки сиёсати худ медонем.
Дар айни замон табиист, ки инкишофи робитаҳои анъанавӣ бо Япония ва кишварҳои дигари Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар сиёсати хориҷии мо минбаъд низ нақши афзал хоҳад дошт.
Ман дар паёмҳои пешин зарурати инкишоф ва густариши муносибатҳоро бо кишварҳои олами ислом, аз ҷумла давлатҳои араб чун самти муҳими равобит хотирнишон карда будам.
Эҳёи робитаҳои анъанавии таърихӣ, истифода аз имконоти муштарак ва ҷалби сармояи ин кишварҳо ба нафъи инкишофи Тоҷикистон дар маркази диққати сиёсати хориҷии кишвар қарор дорад ва амалан татбиқ мегардад.
Дӯстони азиз!
Замони мо - замони муттаҳид сохтани саъю талошҳо ва ба ҳам овардани кӯшишҳои муштарак дар самти ҳаллу фасли масоили умдаи инсоният аст, ки созмонҳои минтақавию байналмилалӣ таҷассумгар ва ҳамоҳангсози чунин фаъолиятҳо мебошанд.
Аз ин ҷост, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар кори ин созмонҳо ширкати фаъолона дошта, хоҳони густариши ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Созмони конфронси исломӣ ва Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ аст.
Мо равобити созандаи худро бо тамоми институтҳои байналмилалии молиявӣ ҳамоно тақвият хоҳем бахшид.
Мо чун узви комилҳуқуқи созмонҳои байналмилалӣ бояд дар асоси риояи қотеъонаи санадҳои умумибашарӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо бо манфиатҳои олии миллат ва давлат амал намоем, ҳамчунин ҷузъиёти мушаххаси ширкати Тоҷикистонро дар фаъолияти ин созмонҳо пешбинӣ созем.
Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадоранд, ки ҳамчун сохторҳои ба ҳифзи ин манфиатҳо дахлдор чораҳои мушаххас андешида, онҳоро ҷиҳати пешбурди чунин сиёсат амалӣ намоянд.
Меҳвари асосии чунин сиёсатро бояд дипломатияи иқтисодӣ ташкил диҳад, ки он ба рушду нумӯи Тоҷикистони азизи мо такони тоза бахшида, мақому манзалати онро дар арсаи байналмилалӣ боло барад.
Дар робита бо ин, мехоҳам бори дигар таъкид намоям: мо ҷонибдори низоми одилона ва демократии ҷаҳон мебошем, ки дар он барои ҳаллу фасл намудани мушкилоту проблемаҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ бояд заминаи мусоид мавҷуд бошад.
Ин қабл аз ҳама ба мушкилоти ҳалли қарзҳои берунаи чунин давлатҳо марбут аст, ки ин проблема алҳол дар роҳи рушди минбаъдаи онҳо ба монеаи бузурге мубаддал гаштааст.
Вакилони мӯҳтарам!
Ҳамватанони азиз!
Аз он рӯзе, ки сиёсати "дарҳои кушода" аз ин минбари баланд эълон гардид, панҷ сол сипарӣ шуд.
Имрӯз мо шоҳиди дурустии ин сиёсат буда, рушди равобити Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар чорроҳаи байналмилалӣ мавқеъ дорад, бо ҳамаи кишварҳои Шарқу Ғарб мебинем ва мисли пештара ҷонибдори чунин муносибатҳои созандаву беғараз, холисонаву содиқона бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳастем.
Ватани азизи мо - Тоҷикистон имрӯз узви фаъол, эътирофшуда ва соҳибэҳтироми ҷомеаи байналмилалист. Ин мавқеи воло аз ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ва аз ҷумла вакилони мардумӣ тақозо дорад, ки барои имрӯзу фардои Ватан ва пешрафти Тоҷикистони азиз, инчунин барои сари баланду садои буррои он дар арсаи байналмилалӣ пайваста саъю кӯшиш ва талош намояд.
Масъулияти Ватану ватандорӣ аз ҳар яки мову шумо меҳнати софдилона, садоқати фарзандӣ, заҳмати бунёдкоронаву талошҳои созанда, масъулияти бузургу азму иродаи қавӣ, ифтихори милливу маърифати баланд ва ниҳоят дасту дили тозаву нияти некро тақозо мекунад.
Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон, ки марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ пайгирона идома дорад ва мо сӯи ҳадафҳои стратегии истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва озуқаворӣ зина ба зина пеш меравем, нақши мақомоти ҳокимияти қонунгузор низ тадриҷан меафзояд.
Албатта расидан ба ин ҳадафҳои олӣ ва таъмини нақшаҳои бузурги созандагӣ кори осон ва яксолаву дусола нест, балки вазифаи доимӣ ва ҳамарӯзаи мову шумо буда, аз ҳар як фарди бонангу номуси миллат, аз Роҳбари давлат, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумат сар карда, то роҳбарону мутахассисон ва масъулони зинаҳои поёнӣ, умуман тамоми аҳли ҷомеа заҳмати содиқонаву софдилонаро талаб мекунад.
Агар мову шумо корҳои аз оғози истиқлолият то имрӯз анҷомдода, яъне роҳи тайкардаи понздаҳсолаи кишварро пеши назар орем ва онро холисона арзёбӣ намоем, мебинем, ки ба хотири таъмини истиқлолияти Ватани азиз, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ободиву шукуфоии сарзамини аҷдодӣ ва осудагии мардуми шарифамон кам кор накардаем.
Дар давоми ин солҳо нерӯи созандагӣ ва саъю кӯшишҳои бунёдкоронаи мардуми сарбаланди тоҷик барои ободонии кишвар дучанд афзуда, сатҳи худшиносӣ, ифтихори миллӣ, масъулияти ватандорӣ ва шаҳрвандии онҳо хеле боло рафт.
Маҳз азму иродаи қавӣ, ҷонибдории самимона ва меҳнати ҳалолу бунёдкоронаи мардуми шарифи Тоҷикистон буд, ки мову шумо пойдевори давлату давлатдории мустақилро гузоштем, сулҳу ризоият ва ваҳдати шикастнопазири миллиро фароҳам овардем, ба шоҳроҳи рушди мӯътадил ва устувори иқтисодӣ ворид шудем, раванди бебозгашти ободониву созандагиро пеш гирифтем, ба сӯи ҷомеаи боадолати шаҳрвандӣ, пешрафти рӯзафзуни илму маориф ва фарҳангу маънавиёт рӯ овардем.
Имрӯз сад шукри сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлолияти комил ва соҳибдавлатӣ, ки Тоҷикистони азизи мо дар марҳилаи сифатан нави рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дорад ва ба кишвари дорои низоми муосири муносибатҳои бозаргонӣ, иқтисоди миллии рушдёбанда ва фазои мусоид барои нақшаҳои бузурги пешрафту созандагӣ табдил ёфтааст.
Ман ҳамчун Роҳбари давлат итминони комил дорам, ки бо дастгириву пуштибонии мардуми хирадманд, хайрхоҳ ва соҳибмаърифати тоҷик дар давоми панҷ соли оянда Тоҷикистон ба марҳилаи комилан нави рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, тарзи давлатдории мукаммалу пешрафта ва сатҳи зиндагии шоиставу озодона хоҳад расид.
Мо ба оянда назари нек дорем ва сӯи ҳадафҳои бузурги созандагӣ дилпурона қадам мегузорем. Асри нав барои мо асри таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва рушду нумӯи давлатдории миллӣ хоҳад шуд.
Барои расидан ба ин рӯзи нек ва рӯзгори босаодат ба ҳамаатон саломатӣ, барори кор ва сарбаландӣ орзумандам.
Бигузор парчами истиқлолият ва сулҳу ваҳдат раҳнамову ҳидоятгари мо ба сӯи ояндаи нек ва зиндагии осоиштаву осудаҳолона бошад!
Ташаккур!