То кадом сатҳу дараҷа ҳуқуқбунёд будани давлат аз сатҳу сифати қонунҳои он сахт вобаста аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
8 Май 2017 (13:58)
19 Апрель 2017 (13:03)
13 Март 2017 (07:09)
3 Февраль 2017 (11:58)
23 Январь 2017 (09:37)
Такмили Конунгузории Чумхурии Точикистон

Асосҳои қонунгузорӣ
НАШРҲОИ МО ДАР СОЛИ 2017

 

 

Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» / Зери таҳрири доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимзода М.З. Муаллифон: Раҳимзода М.3. Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, д.и.ҳ., проф., Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ) - боби 6 (моддаҳои 55-64), Қодиров Б.К. д.и.п., проф., сардори шуъбаи омўзиши масъалаҳои сиёсати таҳсилоти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон - боби 2 (моддаҳои 9-22), Саидзода И.Ҳ. н.и.ҳ., муовини Директори ММҚ - моддаҳои 31-33, Каримов А.Қ. н.и.ҳ., мудири кафедраи ҳуқуқ ва хизмати давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - муқаддима, боби 1 (моддаҳои 1-8), Азизов И.М. сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоии ММҚ - пешгуфтор, бобҳои 3, 4, 7 ва 8 (моддаҳои 26-30, 37-42, 65-69), Қурбонова М.Н. сармутахассиси шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти ММҚ - моддаҳои 47-54), Нуров Ҳ.П. сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоии ММҚ - моддаҳои 34, 35, 36, 43-46). Душанбе, «Империал-Групп» 2017, 272 саҳ.

 Китоби мазкур аз тафсири модда ба моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013 бо тағйиру иловаҳои минбаъда иборат мебошад. Дар он масъалаҳои вобаста ба асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, мафҳум ва принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, забони таҳсил, стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ, инчунин низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди тафсир қарор дода шудааст.

Тафсири мазкур барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, устодону омўзгорон, аспирантон, донишҷўён ва хонандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар субъектҳои раванди таълиму тарбия тавсия дода мешавад.

 

Тафсири Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон / Зери таҳрири Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимзода М.З. ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Баҳриддинзода С.Э. Муаллифон: д.и.ҳ., профессор Раҳимзода М.З., н.и.ҳ. Баҳриддинзода С.Э., д.и.ҳ., профессор Ғаюров Ш.К., Табаров Н.А. ва дигарон. Муқарризон: д.и.ҳ., профессор Диноршоҳ А.М., д.и.ҳ., профессор Раззоқов Б.Ҳ., н.и.ҳ. Саидзода И.Ҳ. – Душанбе: ТҶБХ «Олами китоб», 2017. 1008 саҳ.

Тафсир таҳлили илмии боб ба боби Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дарбар гирифта бо дарназардошти тағйиру иловаҳои охирин таҳия карда шудааст.

Тафсири мазкур ба кормандони мақомоти давлатӣ, ки бо қонунгузории ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сару кор доранд ва инчунин ба доираи васеи хонандагон тавсия карда мешавад.

 

Меликов У.А. Режими ҳуқуқии объектҳои ҳуқуқи гражданӣ дар интернет / Муҳаррири масъул: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон Раҳимзода М.З. Муқарризон: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғаюров Ш.К., номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Абдуҷалилов А., доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Минбалеев А.В. Монография. – Душанбе, «Эр-Граф», 2017. - 244 саҳ.

Монографияи мазкур ба проблемаҳои режими ҳуқуқии объектҳои ҳуқуқи гражданӣ дар интернет бахшида шудааст. Дар он таносуби ҳуқуқ ва интернет таҳлил гардида, мазмуни назариявӣ ва амалии объектҳои ҳуқуқи гражданӣ асоснок карда шудааст, инчунин объектҳои ҳуқуқи гражданӣ дар интернет ва режими ҳуқуқии онҳо (сомона, реклама, иттилоот, объектҳои ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар интернет, домен, IP-суроға, сервер, хизматрасониҳо ва ғайра), имконияти татбиқи иҷозатномаи Ҷамъияти эҷодӣ (Creative Com­mons) ҳамчун воситаи истифодабарии объектҳои ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст. Хулосаҳои илмӣ ва пешниҳодҳо барои мукаммалсозии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мазкур баён гардидаанд. 

Монография барои донишҷӯён, аспирантон, устодони муассисаҳои олии таҳсилот, кормандони амалия, муҳаррирони ВАО, интернет-провайдерҳо, соҳибони сомонаҳо, кормандони илмӣ ва ба тамоми шахсоне, ки ба режими ҳуқуқии объектҳои ҳуқуқи гражданӣ дар интернет рағбат доранд, тавсия карда мешавад.