Пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба суботу оромии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун вобастагии бевосита дорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
САНАДҲОИ ҲУҚУҚИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
КОНСЕПСИЯ ВА БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
      
   
Хабарҳо
2 March 2012 (10:42)

     Санаи 2 марти соли 2012 дар маҷлисгоҳи Кохи Ваҳдат ва 3 марти соли 2012 дар маҷлисгоҳи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20 - солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «20 - солагии аъзошавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид» баргузор мегардад.

22 December 2011 (08:46)

    22 декабри  соли 2011, соати 09-00 дар толори маҷлисгоҳи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир ба мавзўи «Ҳуқуқи корпоративӣ: назария, қонунгузорӣ ва таҷриба» баргузор мегардад.  Дар он  5 маърӯза шунида хоҳад шуд. 

31 October 2011 (09:47)

      31-уми октябри соли 2011, соати 09-00 дар толори маҷлисгоҳи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба 17-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди қонунгузории миллӣ» баргузор мегардад. 

26 August 2011 (08:40)

   Санаи 26 августи соли 2011 дар маҷлисгоҳи Кохи Ваҳдат ва 29 август соли 2011 дар маҷлисгоҳи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият» баргузор мегардад. 

8 June 2011 (14:50)

  Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар санаи 8 июни соли 2011 мизи мудаввар дар мавзӯи: «Ҳуқуқ, коррупсия ва ҷомеа» баргузор намояд. Дар мизи мудаввари мазкур масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт:

25 May 2011 (10:15)

   25-26 майи соли 2011 дар маҷлисгоҳи Маркази миллии қонунгузори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази миллии қонунунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  дастгирии Барномаи «Дастгирии ислоҳоти ҳукӯқӣ ва судӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ»-и GIZ GmbH   (Ҷамъияти олмонии  ҳамкории байналмилалӣ) семинари илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Техникаи қонунгузорӣ ва ҷараёни ҳуқуқэҷодкунӣ дар Тоҷикистон» баргузор мегардад. Семинари мазкурро шахсони зерин мегузаронад:

17 May 2011 (09:28)

17-18 майи соли 2011 дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Тавҳид»-и шаҳри Хуҷанд  вилояти Суғд бо ташаббуси Маркази миллии қонунунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  дастгирии Барномаи «Дастгирии ислоҳоти ҳукӯқӣ ва судӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ»-и GIZ GmbH   (Ҷамъияти олмонии  ҳамкории байналмилалӣ) семинари илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Техникаи қонунгузорӣ ва ҷараёни ҳуқуқэҷодкунӣ дар Тоҷикистон» баргузор мегардад.

12 May 2011 (08:59)

Маркази милли қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 12 майи соли 2011 соати 14-00 мизи мудаввар дар мавзӯи: «Рушди қонунгузории оилавӣ дар даврони соҳибистиқлолият» баргузор намояд. Дар мизи мудаввари мазкур масълаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор ҳоҳад гирифт:

11 May 2011 (07:49)

Дар таърихи 11-умӣ майи соли 2011 соати 14-00 дар маҷлисгоҳи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ» ва китоби «Техникаи қонунгузорӣ» баргузор мегардад.
Суроғаи мо: ш. Душанбе, кӯчаи академик А. Адҳамов, 13
 

20 December 2010 (08:08)

     Ҳамватони азиз!
   Рӯзи 14 декабри соли 2010 дар машварати назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» муҳокима карда шуд. Дар ин машварат Ҷаноби Олӣ лозим шумориданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар муддати дувуним моҳ лоиҳаи Қонуни мазкурро муҳокима намуда, дархости пешниҳодоти худро дар бобати такмили лоиҳаи қонун ба мақомотҳои давлатӣ, аз ҷумла ба Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
    Аз ин рӯ, аз Шумо эҳтиромона ҳоҳиш менамоем, ки фикру ақидаҳои худро доир ба Лоиҳаи мазкур ба суроғаи info@mmk.tj ирсол намоед.
    Қаблан ба Шумо барои ҳамкорӣ миннатдарии худро изҳор менамоем.
   
    Роҳбарияти Марказ.
 

8 December 2010 (07:52)

     8-уми декабри соли 2010 соати 8-30 дар толори маҷлисгоҳи Маркази милли қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи: «Масоили назариявӣ ва амалии ҳуқуқи инсон дар Ҷумхурии Тоҷикистон (бахшида ба 62-солгардӣ қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар)» баргузор мегардад.

4 November 2010 (13:19)

     «БУНЁДИ БУХОРОИ ШАРҚӢ   КОРИ ҲАЗЛ НЕСТ»–мусохибаи ихтисосии директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад Раҳимов бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидова бахшида ба 16–умин солгарди қабули Қонуни асосии кишвар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.

       6 ноябр мардуми шарафманди тоҷик 16–умин солгарди қабули Қонуни асосии кишвар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Бо қабули ин санади муҳими сарнавиштсоз мардуми тоҷик тақдири ояндаи худро муайян сохта, таҳкурсии эъмори ҷомеаи навину дунявӣ ва ҳуқукбунёдро гузошт. Дар остонаи ин рӯзи саиду муборак вобаста ба аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ- Конститутсия (Сарқонуни асосӣ) хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад Раҳимов сӯҳбат орост, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем:       6 ноябр мардуми шарафманди тоҷик 16–умин солгарди қабули Қонуни асосии кишвар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Бо қабули ин санади муҳими сарнавиштсоз мардуми тоҷик тақдири ояндаи худро муайян сохта, таҳкурсии эъмори ҷомеаи навину дунявӣ ва ҳуқукбунёдро гузошт. Дар остонаи ин рӯзи саиду муборак вобаста ба аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ- Конститутсия (Сарқонуни асосӣ) хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад Раҳимов сӯҳбат орост, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем:

3 November 2010 (07:42)

     3-уми ноябри соли 2010, соати 09-00 дар толори маҷлисгоҳи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба 16-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди қонунгузории миллӣ» баргузор мегардад.

12 October 2010 (13:52)

       12-13 октябр дар ҳамкории Донишкадаи ҳуқуқӣ аврупои-шарқӣ (Олмон), Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Тафтишоти пешаки дар мамлакатҳои Осиёи маркази интихоби раванди маҷбурсозӣ ё мубоҳисавӣ» баргузор мегардад. Конфронси мазкур бо дастгирии фонди илмии «Фольксваген» гузоронида мешавад.

3 September 2010 (08:24)

3-уми сентябри соли 2010, соати 10-00 дар толори маҷлисгоҳи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи  «Инкишофи давлатдорӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолият» баргузор мегардад.

6 August 2010 (08:44)

Ҳайати Роҳбарият ва кормандони Маркази миллии  қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба мехнат, ҳифзи иҷтимои, фарханг илм ва маориф, Каримов Абдулҳанон Қадимовичро барои бо муваффақият тасдиқ гардидани рисолаи номзадиаш дар мавзӯи «Масоили ҳуқуқии таъмини фаъолияти рақобатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрику таҳният гуфта дар корҳои илмӣ ва эҷодиаш бурдбориҳоро таманно менамоянд.

16 July 2010 (07:37)

    Маркази миллии қонунгузори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба маълумоти намояндагони васоити ахбори омма мерасонад, ки санаи 16.07.2010 соати 10 -00  дар маҷлисгоҳи Марказ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Суроғаи мо: ш. Душанбе,  кўчаи  академик А.Адҳамов № 13
 Телефонҳо барои тамос : 227-41-47, 227-46-50, 227-47-71
 

22 June 2010 (14:40)

  Рӯзи 22 июни соли 2010  соати 9-00 дар Маҷмааи давлатии Коҳи Ваҳдат конференсияи  илмӣ амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Забон ва сифати қонун» баргузор мегардад.
    Дар конференсия иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон Маджиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, идораҳо ва дигар мақоматҳои ҳифзи ҳуқуқи давлати пешбини шудааст.
 

27 May 2010 (12:33)

Рӯзи 27-28 майи соли 2010 соати 9-00 дар Марказ семинар дар мавзӯи «Техникаи қонунгузори» баргузор мегардад. Дар он ба сифати маърӯзачӣ профессори  Донишгоҳи Гамбург доктор Отто Лухтерхандт даъват шудааст

19 May 2010 (10:00)

19 маи соли 2010 соати 10 - 30 дар толори Марказ ҷаласаи семинарии илмӣ-методӣ  мутобиқи нақшаи тасдиқшудаи  Марказ ҷиҳати омӯзиши қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутахассиси пешбари  Шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният Сафаров А.И. дар мавзӯи «Баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» маърӯза мекунад.

11 May 2010 (09:14)

11-уми маи соли 2010 дар шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон баромади директории Марказ - Рахимов М.З., 

7 May 2010 (15:29)

Санаи 7 маи соли 2010  соати 10 - 00 дар толори Маркази бо ташаббуси шӯъбаи ҳуқуқи байналмилалии Марказ бахшида ба Рӯзи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мизи мудаввар баргузор мегардад, ки дар он доир ба мавзӯъҳои зерин маърeзаҳо шунида мешаванд:

5 May 2010 (13:32)

5 маи соли 2010  соати 11-00 дар толори Марказ ҷаласаи семинарии илмӣ-методӣ  мутобиқи нақшаи тасдиқшуда Марказ ҷиҳати омӯзиши қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» сардори Шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният Диноршоев А.М. дар мавзӯи « Тафсири расмии санади меъёрии ҳуқуқӣ» маърӯза намуд.

29 April 2010 (13:14)

Рӯзи 30-уми апрели соли 2010 соати 14 -30 дар толори Марказ ҷаласаи семинарии илмӣ-методӣ  баргузор мегардад, ки дар он унвонҷӯ Меликов У.А.  дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ ҳангоми офаридан ва паҳн намудани воситаҳои ахбори омма» маърӯза мекунад.

21 April 2010 (10:04)

Дар санаи 21 апрели соли 2010 мутобиқӣ Нақшаи Марказ қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутахассиси пешбари шӯъбаи ҳуқуқи байналмилалии Марказ Пулатов А.С. оид ба доираи амалии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва амали он нисбат ба шахсон маърӯза намуд. Дар маърӯза оид ба доираи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқи ва алоқамандии он ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан рафт.

12 April 2010 (15:27)

      12 апрели соли равон дар Шӯрои илмии диссертационӣ, татқиқоти унвонҷӯӣ Каримов А. дар мавзӯи «Масоили ҳуқуқии таъмини рақобат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Раҳимов М.З. дифоъ карда шуд. Раиси Шӯро академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳиров Ф.Т.

 

3 April 2010 (09:14)

Конфересияи Ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи ҷалби сармоягузории хориҷӣ таввасути Конвенсияи Ню-Йорки аз соли 1958 «Дар бораи этироф ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои Арбитражи хориҷӣ» дар меҳмонхонаи Тоҷикистон баргузор мегардад.

29 March 2010 (15:26)

Рӯзи 29-уми Марти соли 2010 соати 14.20 дар толори Марказ ҷаласаи семинарии илмӣ-методӣ  баргузор мегардад, ки дар он унвонҷӯ Каримов А.   дар мавзӯи «Проблемаи ҳуқуқии таъмини рақобат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза мекунад.

24 March 2010 (13:20)
17 March 2010 (14:31)

17 марти соли 2010 бахшида ба 1-солагии таъсисёбии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашавии сомонаи Марказ баргузор мегардад.