Судяҳо набояд ба саҳлангорӣ, бемасъулиятӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ роҳ диҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
 
 
ХАБАРҲО
6 August 2014 (13:43)

Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар санаи 29 августи соли 2014 мизи мудавварро бахшида ба рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо баргузор намояд. Макони баргузорӣ: толори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вақти баргузорӣ соати 9:00 тел. барои тамос: 227-47-71

1 August 2014 (14:21)

Нишасти матбуотии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2014

7 April 2014 (18:00)

Эълон

23 January 2014 (09:55)

      Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз 3 январи соли 2014 № 2, тасмим гирифтааст, ки дар моҳи марти соли ҷорӣ конференсия илмӣ – амалии ҷумҳуриявиро дар мавзӯи «Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва мушкилот» бо иштироки доираи васеи намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иҷроия, қонунгузорӣ, судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои илмӣ баргузор менамояд.
    Дар корференсияи мазкур масъалаҳои ҳуқуқии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молия, андоз, гумрук ва фаъолияти бонкӣ; иттилоотӣ; соҳибкорӣ ва кишоварзӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ ва оммавӣ; низоми судӣ ва назорати прокурорӣ; дин; сармоягузорӣ; энергетика; экология; меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ; масъалаҳои вобаста ба об; амнияти давлатӣ; ҳуқуқи ҷиноятӣ; муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ ва оила; маориф, илм ва фарҳанг; фаъолияти савдои хориҷӣ; ҳуқуқи инсон; ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ; таъмини амнияти озуқаворӣ; саноат ва технологияҳои нав; замин ва сарватҳои зеризаминӣ; нақлиёт ва коммуникатсия баррасӣ карда мешаванд.

19 December 2013 (13:25)

  Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар санаи 26.12.2013с.Семинари илмӣ - амалӣ дар мавзуи "Таъминоти хукукии амнияти озукаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо баргузор намояд.

21 October 2013 (08:58)

       Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар санаи 01.11.2013с. мизи мудавварро бахшида ба рузи қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо баргузор намояд.

29 August 2013 (15:24)

     Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар санаи 5сентябри соли 2013 мизи мудавварро бахшида ба рўзи Истиќлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату ташкилотҳо баргузор намояд.
Макони баргузорӣ: толори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вақти баргузорӣ соати 9:00
тел. барои тамос: 227-47-71

12 August 2013 (09:21)
2 August 2013 (08:03)

       Тибқи Амри Президента Ҷумх;урии Тоҷикистон аз 8 июли соли 2013, № АП - 2257 бо мақсади дар тахрири нав таҳия намудани Кодекси гражданин Ҷумх,урии Тоҷикистон гурўҳи корӣ таъсис до да шудааст. Аз хамагон хохиш менамоем, ки фикру дархостҳои хешро ҷиҳати такмили Кодекси гражданин Ҷумҳурии Точ,икистон ба Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоянд (тел: 2274678, e-mail: kodeksimadani@mail.ru).

25 July 2013 (07:57)
11 April 2013 (09:43)

       Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 26 апрели соли 2013 мизи мудавварро доир ба мавзӯи «Никоҳ ва проблемаҳои танзими ҳуқуқии он» баргузор намояд. 

8 April 2013 (07:50)

      Конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Ҷавобгарии ноболиғон: масоил ва роҳҳои ҳалли он» санаи 27 майи соли 2013 соати 09:00 дар бинои Кохи Ваҳдат мачлисгоҳи №25 ва санаи 28 май дар мачлисгоҳи бинои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

30 January 2013 (14:16)

         30 январи соли 2013 тиби нашаи ташкил ва баргузории нишастои матбуот дар Маркази миллии онунгузории назди Президенти умурии Тоикистон аз натиаи фаъолиято дар соли 2012 ва вазифао барои соли 2013 нишасти матбуот баргузор гардид.

21 January 2013 (08:13)

     Тибқи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ рўзи 30 январи соли 2013 соати 14-00 дар бинои Маркази мили қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи фаъолияти корӣ дар соли 2012 ва мақсаду вазифаҳо дар соли 2013 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Макони баргузорӣ:
Ш. Душанбе к. Адҳамов, 13
Бинои Маркази миллли қонунгузории назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон
Тамос барои маълумоти иловагӣ: www.mmk.tj тел: 227-47-71

5 December 2012 (13:31)

       Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) тасмим гирифтааст, ки дар санаи 12 то 14 декабри соли 2012 мизи мудавварро оид ба Консепсияи такмили қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм баргузор намояд. 

10 November 2012 (08:50)

        Ҷиҳати иҷрои Нақша чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Симпозиуми ҷумҳуриявӣ дар мавзўи “Нақши таърихии иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории тоҷикон” дар таърихи 9-ноябри соли равон баргузор гардид.

1 November 2012 (13:01)

     2-юми ноябри соли 2012 соати 9 00 дар толори маҷлисгоҳи Маркази милли қонунгузории низди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба рўзи қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор мегардад. 

24 October 2012 (10:12)

    Бо ибтикори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-октябри соли 2012 бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзўи «Нақши таърихии Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории тоҷикон ва рушди қонунгузорӣ» баргузор мегардад.

24 September 2012 (07:42)

 Бо иштироки вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ 24-сентябри соли 2012 соати 9-00 муаррифии китоби тозанашри Тафсири Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

 

24 August 2012 (10:59)

 24-уми августи соли 2012, соати 09-00 дар толори маҷлисгоҳи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Инкишофи қонунгузории замин ва масоили ҳуқуқии он» баргузор мегардад.

13 July 2012 (09:30)

    13-уми июли соли 2012, соати 09-00 дар толори маҷлисгоҳи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар  дар мавзӯи «Проблемаҳои такмили  қонунгузории бонкӣ ва дигар ташкилотҳои молиявӣ» баргузор мегардад. 

12 July 2012 (09:26)

 Роҳбарияти Маркази  миллии қонунгузории  назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  12.07.2012 сол вохўрӣ анҷом  дод.  

11 May 2012 (13:27)

 11-уми майи соли 2012, соати 09-00 дар толори маҷлисгоҳи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар  дар мавзӯи «Проблемаҳои ҳуқуқии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария ва амалияи он» баргузор мегардад. 

3 April 2012 (13:28)

    Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Шўъбаи байналмилалии ташкилоти Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон мизи мудавварро  доир ба  мавзўи «Консепсияи такмили қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»  3 апрел соати 9-00,  дар ошёнаи 2 бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш.Душанбе, х. Рўдакӣ 40) барпо менамояд. 

2 March 2012 (10:42)

     Санаи 2 марти соли 2012 дар маҷлисгоҳи Кохи Ваҳдат ва 3 марти соли 2012 дар маҷлисгоҳи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20 - солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «20 - солагии аъзошавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид» баргузор мегардад.

22 December 2011 (08:46)

    22 декабри  соли 2011, соати 09-00 дар толори маҷлисгоҳи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир ба мавзўи «Ҳуқуқи корпоративӣ: назария, қонунгузорӣ ва таҷриба» баргузор мегардад.  Дар он  5 маърӯза шунида хоҳад шуд. 

31 October 2011 (09:47)

      31-уми октябри соли 2011, соати 09-00 дар толори маҷлисгоҳи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба 17-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди қонунгузории миллӣ» баргузор мегардад. 

26 August 2011 (08:40)

   Санаи 26 августи соли 2011 дар маҷлисгоҳи Кохи Ваҳдат ва 29 август соли 2011 дар маҷлисгоҳи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият» баргузор мегардад. 

8 June 2011 (14:50)

  Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар санаи 8 июни соли 2011 мизи мудаввар дар мавзӯи: «Ҳуқуқ, коррупсия ва ҷомеа» баргузор намояд. Дар мизи мудаввари мазкур масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт:

25 May 2011 (10:15)

   25-26 майи соли 2011 дар маҷлисгоҳи Маркази миллии қонунгузори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази миллии қонунунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  дастгирии Барномаи «Дастгирии ислоҳоти ҳукӯқӣ ва судӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ»-и GIZ GmbH   (Ҷамъияти олмонии  ҳамкории байналмилалӣ) семинари илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Техникаи қонунгузорӣ ва ҷараёни ҳуқуқэҷодкунӣ дар Тоҷикистон» баргузор мегардад. Семинари мазкурро шахсони зерин мегузаронад: