Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
1 Декабрь 2017 (11:34)
14 Ноябрь 2017 (10:18)
14 Ноябрь 2017 (09:55)
1 Ноябрь 2017 (13:50)
26 Октябрь 2017 (08:48)
Такмили Конунгузории Чумхурии Точикистон

Асосҳои қонунгузорӣ
ХАБАРҲО
3 Сентябрь 2010 (09:24)

3-уми сентябри соли 2010, соати 10-00 дар толори маҷлисгоҳи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи  «Инкишофи давлатдорӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолият» баргузор мегардад.

6 Август 2010 (09:44)

Ҳайати Роҳбарият ва кормандони Маркази миллии  қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба мехнат, ҳифзи иҷтимои, фарханг илм ва маориф, Каримов Абдулҳанон Қадимовичро барои бо муваффақият тасдиқ гардидани рисолаи номзадиаш дар мавзӯи «Масоили ҳуқуқии таъмини фаъолияти рақобатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрику таҳният гуфта дар корҳои илмӣ ва эҷодиаш бурдбориҳоро таманно менамоянд.

16 Июль 2010 (08:37)

    Маркази миллии қонунгузори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба маълумоти намояндагони васоити ахбори омма мерасонад, ки санаи 16.07.2010 соати 10 -00  дар маҷлисгоҳи Марказ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Суроғаи мо: ш. Душанбе,  кўчаи  академик А.Адҳамов № 13
 Телефонҳо барои тамос : 227-41-47, 227-46-50, 227-47-71
 

22 Июнь 2010 (15:40)

  Рӯзи 22 июни соли 2010  соати 9-00 дар Маҷмааи давлатии Коҳи Ваҳдат конференсияи  илмӣ амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Забон ва сифати қонун» баргузор мегардад.
    Дар конференсия иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон Маджиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, идораҳо ва дигар мақоматҳои ҳифзи ҳуқуқи давлати пешбини шудааст.
 

27 Май 2010 (13:33)

Рӯзи 27-28 майи соли 2010 соати 9-00 дар Марказ семинар дар мавзӯи «Техникаи қонунгузори» баргузор мегардад. Дар он ба сифати маърӯзачӣ профессори  Донишгоҳи Гамбург доктор Отто Лухтерхандт даъват шудааст

19 Май 2010 (11:00)

19 маи соли 2010 соати 10 - 30 дар толори Марказ ҷаласаи семинарии илмӣ-методӣ  мутобиқи нақшаи тасдиқшудаи  Марказ ҷиҳати омӯзиши қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутахассиси пешбари  Шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният Сафаров А.И. дар мавзӯи «Баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» маърӯза мекунад.

11 Май 2010 (10:14)

11-уми маи соли 2010 дар шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон баромади директории Марказ - Рахимов М.З., 

7 Май 2010 (16:29)

Санаи 7 маи соли 2010  соати 10 - 00 дар толори Маркази бо ташаббуси шӯъбаи ҳуқуқи байналмилалии Марказ бахшида ба Рӯзи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мизи мудаввар баргузор мегардад, ки дар он доир ба мавзӯъҳои зерин маърeзаҳо шунида мешаванд:

5 Май 2010 (14:32)

5 маи соли 2010  соати 11-00 дар толори Марказ ҷаласаи семинарии илмӣ-методӣ  мутобиқи нақшаи тасдиқшуда Марказ ҷиҳати омӯзиши қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» сардори Шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният Диноршоев А.М. дар мавзӯи « Тафсири расмии санади меъёрии ҳуқуқӣ» маърӯза намуд.

29 Апрель 2010 (14:14)

Рӯзи 30-уми апрели соли 2010 соати 14 -30 дар толори Марказ ҷаласаи семинарии илмӣ-методӣ  баргузор мегардад, ки дар он унвонҷӯ Меликов У.А.  дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ ҳангоми офаридан ва паҳн намудани воситаҳои ахбори омма» маърӯза мекунад.

21 Апрель 2010 (11:04)

Дар санаи 21 апрели соли 2010 мутобиқӣ Нақшаи Марказ қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутахассиси пешбари шӯъбаи ҳуқуқи байналмилалии Марказ Пулатов А.С. оид ба доираи амалии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва амали он нисбат ба шахсон маърӯза намуд. Дар маърӯза оид ба доираи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқи ва алоқамандии он ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан рафт.

12 Апрель 2010 (16:27)

      12 апрели соли равон дар Шӯрои илмии диссертационӣ, татқиқоти унвонҷӯӣ Каримов А. дар мавзӯи «Масоили ҳуқуқии таъмини рақобат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Раҳимов М.З. дифоъ карда шуд. Раиси Шӯро академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳиров Ф.Т.

 

3 Апрель 2010 (10:14)

Конфересияи Ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи ҷалби сармоягузории хориҷӣ таввасути Конвенсияи Ню-Йорки аз соли 1958 «Дар бораи этироф ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои Арбитражи хориҷӣ» дар меҳмонхонаи Тоҷикистон баргузор мегардад.

29 Март 2010 (16:26)

Рӯзи 29-уми Марти соли 2010 соати 14.20 дар толори Марказ ҷаласаи семинарии илмӣ-методӣ  баргузор мегардад, ки дар он унвонҷӯ Каримов А.   дар мавзӯи «Проблемаи ҳуқуқии таъмини рақобат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза мекунад.

24 Март 2010 (15:20)
17 Март 2010 (16:31)

17 марти соли 2010 бахшида ба 1-солагии таъсисёбии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашавии сомонаи Марказ баргузор мегардад.

  • Саҳифаҳо:
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4