Рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар аз заминаҳои мустаҳками меъёрии ҳуқуқӣ вобаста аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
САНАДҲОИ ҲУҚУҚИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
КОНСЕПСИЯ ВА БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
      
   
Бунёди Бухорои шарқӣ кори ҳазл нест

        «БУНЁДИ БУХОРОИ ШАРҚӢ   КОРИ ҲАЗЛ НЕСТ»–мусохибаи ихтисосии директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад Раҳимов бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидова бахшида ба 16–умин солгарди қабули Қонуни асосии кишвар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.
       6 ноябр мардуми шарафманди тоҷик 16–умин солгарди қабули Қонуни асосии кишвар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Бо қабули ин санади муҳими сарнавиштсоз мардуми тоҷик тақдири ояндаи худро муайян сохта, таҳкурсии эъмори ҷомеаи навину дунявӣ ва ҳуқукбунёдро гузошт. Дар остонаи ин рӯзи саиду муборак вобаста ба аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ- Конститутсия (Сарқонуни асосӣ) хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад Раҳимов сӯҳбат орост, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем:
        Маҳмад Забиров,  нақши Конститутсия дар таҳкими пояҳои давлатдории миллии тоҷикон чӣ гуна аст?
     Бояд тазаккур дод, ки дар Конститутсия (Сарқонуни асосӣ) аз  боби аввал сар карда,  то моддаи охирин  нақши ҳокимияти иҷроия бо  роҳбарии Президенти кишвар дар як боб,  нақши  хокимияти қонунгузор дар шахсияти ду маҷлис, яъне парлумони Тоҷикистон, салоҳият ва ваколати онҳо, мақоми  ҳокимияти судӣ дар шахсияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии  Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст. Яъне,  бо маънии том гуфта метавонем, ки мувозинати  се шохаи ҳокимияти давлатиро таъмин менамояд.  Албатта,  Конститутсия санаде нест, ки  ҳамаи ҷузъу муносибатҳои ҷамъиятиро  дар бораи сохти давлатдорӣ ва тақвияти он ба танзим дарорад, Конститутсия  меъёрест, ки аҳкомро муайян мекунад, асос ва дурнамои ояндаи рушд ва сохти давлатдорӣ, режими сиёсии идоракуниро нишон медиҳад. Қисми зиёди қонунҳое, ки мо қабул кардаем, бахусус қонунҳои конститутсионӣ,  ҳуқуқу ваколат ва низоми ҳамон мақомотро муайян месозад. Дар мо як идора аст,  ҳокимияти оммавӣ ва хусусӣ.  Вақте ки  сухан дар бораи муносибатҳои оммавӣ меравад, дар ҳар мавриде, ки танзими муносибат  вуҷуд дорад,  дар он ҷо ҳатман нақши ин ё он мақомоти ҳокимияти  давлатӣ нишон дода мешавад. Мисол,  қонун дар бораи Суди конститутсионӣ, қонун дар бораи судҳо  меъёри Конститутсияро муайян менамояд. Қонун «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ,  нақши  аҳком дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ки нақши мақомоти иҷроияро муайян месозад.
       Қонунҳои зиёд дар бораи муайян кардани  салоҳияти  вазъи ҳуқуқии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,   ваколати вакилон ва ғайраҳо. Ҳар яки онҳо  ҳуқуқ, ваколату салоҳият  ва ӯҳдадориҳояшонро муайян менамоянд. Ба маънии том Конститутсия тақвиятдиҳандаи  салоҳият, ваколат  ҳуқуқу ӯҳдадориҳои  ин ё он мақомот аст. 

        Конститутсияро бахтномаи миллат мегӯянд. Нақши Конститутсияро  дар дифоъи ҳуқуқу озодиҳои  шаҳрвандон чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
      Ҷавҳари ҳамагуна қонунҳо ҳуқуқу озодиҳо аст. Арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ҷавҳари қонун ва Конститутсияро ташкил медиҳад, касе инро дарк намекунад,  вай дифоъ аз манфиати худ карда наметавонад. Пеш аз оне ки мо ҳуқуқи худро ҳимоя намоем,  бояд бифаҳмем, ки дорои ҳамин ҳуқуқ ҳастем. Агар набошем барои чӣ нестем. Талаб накунем аз куҷо ҳуқуқ мешавад. Давлат ба мо ҳуқуқу озодиҳоро додааст,  вазифаи мо дарки ҳуқуқ ва ҳифзи он мебошад, ҳам тавассути фаъолияти худ ва ҳам тавассути мақомоте, ки моро ҳифз мекунанд.  Агар ба мазмуни  Конститутсия назар афканем,  мӯҳтавои ҳамагуна қонун ва  мақомоти ҳокимияти давлатию маҳаллиро ҳуқуқу озодиҳои инсон ташкил медиҳад. Ҳар фарди мусулмон барои рӯзи охират тамоми сураҳоро аз ёд мекунад. Лекин барои ҳифзи меҳнати худ ва огоҳ будан аз ҳуқуқу озодиҳояш қонун хондан намехоҳад.
          Шумо сабабашро дар чӣ мебинед?
    Мо бештар дар иттилооту кору фаъолиятамон ба чизи дуюмдараҷа эътибор медиҳем.
         Баъзеҳо бар он ақида ҳастанд, ки гӯё вазъи пасти иҷтимоӣ мардумро аз хондану дарки қонунҳо ва ҳифзи манфиатҳои худ дур сохтааст?
    Не,  ин тавр нест. Мо рӯзноманигорони болаёқат дорем дар васоити ахбори оммаи кишвар чӣ телевизиону радио ва чӣ нашрияҳо. Вале дар омода сохтани барномаҳо  ва тавассути он ба мардум расонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон, ташреҳи қонунҳо оҷиз ҳастанд. Ва бисёр  хуб мешуд, ки ҳар як рӯзноманигор ҳуқуқро хуб сарфаҳм равад ва бо таҳияи барномаҳои ҷолиб дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа нақши муассир гузорад.
         Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чӣ бояд кард?
    Бояд дар барномаҳои радиою телевезион ва нашрияю маҷаллаҳо бештар  шакли оддии ба даст овардани иттилооти ҳуқуқиро ба роҳ монд. Бояд барномаҳоро рӯзноманигорони ботаҷриба баранд. Аз менталитети шарқиёна ва зуҳуроти  ҳамшаҳрию  хешигарию табақавӣ даст бояд кашид. Вақте ки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро аз ҳуқуқу озодиҳои худ кам надонем  ва тасаввур намоем, ки он шахс  низ комилҳуқуқ аст,  он ҳуқуқҳоеро, ки ман дорам ӯ низ дорад. Аз сӯи дигар ҷуръат даркор аст барои ҳимоя кардани ҳуқуқҳои худ. Бо мафкураи итоаткорона, ки асрҳо дар мо ҷо гирифта аст,  давлати  ҳуқуқбунёд намесозанд. Тамоми шароитро давлат муҳайё месозад,   вақте ки шаҳрванд  барои ҳуқуқаш мубориза намебарад, давлат ҳам ҳайрон мемонад, ки чӣ кор кунад. Дар мафкураи мардуми мо як чиз ҷойгир ҳаст, яъне каси омада бояд ҳуқуқи ӯро ҳимоя кунад. Ҳамавақт талаб  аз Худо  мекунед, ки шуморо ҳифз кунад. Ҳол он ки дар Қуръони Карим омадааст-  баракат дар ҳаракат аст. Ё касе, ки ғарқ мешавад наҷотёбиаш дар дасти худаш мебошад. Ин мазмуни Қуръонӣ дорад. Аммо дар наҷот додан худ оҷизӣ мекашем. Мумкин натиҷаи тарбияи оилавӣ ва равонӣ бошад. Ё 70 сол мо дар сохтори тоталитарӣ қарор доштем. Вале,  дар замони тоталитарӣ ҳам чунин ҳолат набуд.  Мардум аз ҳуқуқҳои худ дифоъ мекарданд, қисман бедор буданд.  Мо бояд созанда бошем. Мумкин маротибаи аввал нодуруст созем,  дар оянда бошад ин таҷриба мешавад.
        Иддае бар он назаранд, ки баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қонунҳои дигар кишварҳо нусхабардорӣ мегарданд. Ин то чӣ андоза ба ҳақиқат  наздик аст?
    Як чизро таъкид кард, ки парлумон парлумони ҷавон аст. Нақши парлумон дар ташаккули  қонунгузорӣ бузург аст. Мо дар низоми нави идора қарор дорем. Қонунҳое, ки имрӯз аз ҷониби парлумон қабул мешаванд,  манфиати мардумро  ҳимоят мекунанд. Дуюм ин ки қонун ҷабҳаи ҷаҳонӣ дорад. Муносибатҳо ба ҳам пайвастагӣ доранд ва сирф миллӣ шуда наметавонанд. Ҳисси миллӣ  ва ифтихори миллӣ доштан даркор аст. Вақте ки шахс ба ҷомеа чизе дода наметавонад, бештар дигаронро танқид мекунад.
        Шумо ба ҳайси директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҷумҳурӣ фаъолият доред, мегуфтед, ки рисолати Маркази миллии қонунгузорӣ аз чӣ иборат аст?  
         Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 17 марти соли 2009 «Дар бораи таъсиси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шудааст. Ҳадафаш тадқиқоти илмӣ- таҳлилии қонунҳо, расонидани иттилоот ба мардум бо санаду қонунҳо тавассути адабиёту сайти интернетӣ ва дастрас кардани мазмуну моҳияти қонун, додани хулосаҳои илман асоснок дар  бораи татбиқи меъёрҳои ҳуқуқ, қабули қонунҳо, муайян кардани  методологияи тарзи тартиб додани қонунҳо, амалӣ кардани онҳо аст.
     Бояд зикр кард, ки Марказ муассисаи давлатии илмию тадқиқотӣ, иттилоотию таҳлилӣ буда, таъминоти ташкилию методологии таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ, таҳияи лоиҳаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин таҳияи консепсияҳои такмили қонунгузорӣ, гузаронидани систематизатсия ва ташхиси қонунгузории амалкунанда, пешгӯии самаранокии қонунҳои қабулшаванда, гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва тайёр намудани кормандони илмии баландихтисосро амалӣ месозад.  
         Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Марказро кор оид ба систематизатсия ва ташхиси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқат ба талаботи муосир, коркарди тавсияҳо ва пешниҳодҳо оид ба ташаккули қонунгузорӣ, гузаронидани экспертизаҳои зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ташкил медиҳад. Имрӯз Марказ дорои потенсиали назарраси эҷодӣ мебошад, ки ба мусоидати муваффақонаи ҷараёни қонунэҷодкунӣ бо роҳи иштирок дар таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ имкон медиҳад.
         Марказ дар муддати фаъолияташ кадом корҳоро ба сомон расонд?
      Дар тӯли фаъолияташ сомонаи интернетӣ ташкил  карда шуд, ки дар он тамоми Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забонҳои тоҷикию русӣ  ҷо дода шудааст. Ба шабакаи байналмилалӣ пайваст гардид, ки  аз маводи Марказ тамоми дунё истифода мебарад. Беш аз 10 ҳазор нафар аз сайти Марказ истифода намудаанд. Яъне,  мо дар тарғибу ташвиқи қонунгузории  Тоҷикистон дар олами тамаддун машғулем.
      Марказ якчанд чорабиниҳо,  конфронсҳо дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла  арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ, парчам ва ғайраро  гузаронд. Проблемаҳое, ки Марказ бардошт ҳамааш муҳим аст. Китоб таҳти унвони «Забон ва сифати қонун» ба чоп расид, ки дар таҳкими қонуният ва рушду такмили он нақши  муассир дорад. Танҳо дар давоми сол 6 китоб нашр гардид.
        Бо мақомоти давлатӣ  ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ доред?
 Марказ бо тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, қонунгузор ва судӣ, бо созмонҳои байналмилалие, ки дар масъалаи қонунгузорӣ фаъолият доранд, аз қабили Ассосиатсияи байналмилалии Швейтсария, Ҷамъияти техникии Олмон, Агентии рушди байналмилалии Туркия /ТИКО/, намояндагии САҲА, Ассосиатсияи ҳуқуқшиносони Амрико ва дигар созмонҳо ҳамкорӣ дорад. Ҳамкории мо бо созмонҳои  байналмилалӣ муштарак ва баробар аст, на ба шакли тобеъият. Марказ дар назди Президенти ҷумҳурӣ аст. Бо дастгирии Президенти  мамлакат  мо ба бисёр чизҳо эҳтиёҷ надорем.
        Аслан кормандони Марказ дорои кадом ихтисосҳо ҳастанд?
    Кормандони маркази миллии қонунгузорӣ аслан шахсиятҳое ҳастанд, ки дар ду се ҷой кор намекунанд. Панҷоҳ фисади потенсиали ихтисосии Марказро кормандони илмӣ ташкил медиҳанд. Ба ин шумора дохил мешаванд 12 доктор ва номзади илмҳои ҳуқуқ,  12 аспирант, унвонҷўён ва докторантон. Новобаста аз душвориҳое, ки дорем мо кӯшиш менамоем, ки марказро ба маркази  мустақил ташкил диҳем. Проблемаҳои муҳими Тоҷикистонро ҷо ба ҷо гузорем. Штати асосии Марказ 40 нафар буда, алҳол 35 нафар кор менамояд. Марказ соҳавӣ гардонида шудааст. Яъне, барои  дар ҳар соҳаи ҳуқуқ шӯъба ташкил дода шудааст. Ҳуқуқи гражданӣ, оилавӣ, соҳибкорӣ, молия, андоз, гумрук, байналмилалӣ. Кадрҳои марказ ҷавонанд.  Сардорони шӯъбаҳо ҳама номзади илм мебошанд.
         Дар оянда чӣ нақшаҳоятон ҳаст?
   Нақшаҳои зиёд дорем. Марказ бо тамоми муассисаҳои илмии давлатҳои ИДМ робита дорад.  Агар мо хоҳем, ки илми мо эътирофшуда бошад ва моро дар ҷаҳони  тамаддун 
эътироф намоянд, бояд ҳамкориро дар сатҳи баланд ва бо як чанд  забон ба роҳ монем. Агар гӯем, ки мо дар такя бо худ ба пеш меравем,   касе моро эътироф намекунад.
         Таманнои Шумо ба ҷомеаи Тоҷикистон?
         Мо бояд дар як ақида бимонем, ақидаҳои созанда ва бунёдкорона. Ҳасуди дигаронро нахӯрем. Худ бояд сохт ва ояндагони мо омада боз онро дигаргун мекунанд, тағийр медиҳанд. То даме,  ки мо  ба мафкураи созандагӣ ва бунёдкорӣ  рағбат надошта  бошем,   ҳеҷ гоҳ дар бунёди ҷомеаи навин  қодир нестем. Агар хоҳем, ки қодир гардем, бояд ҳамфикру ҳамақида бошем. Дигарҳо сохтанд, мо низ бисозем. Танҳо аз он  ифтихор накунем, ки гузаштагону бузургон,  шаҳрҳои бузурги  Самарқанду Бухоро доштем. Ва бояд ҳамин Самарқанду Бухороро дар симои Тоҷикистон созем. Ба оламиён ва ояндагони худ исбот созем, ки мо низ созанда ҳастем ва созанда мемонем. Бигузор ҳар як дастовард ифтихори миллӣ гардад. Шумо тасаввур кунед, ки мо як пораи Бухорои Шарқӣ будем. Дар шакли Бухорои Шарқӣ давлати навини пешрафта месозем ва ин ҳазл нест.