- САНАДҲОИ ҲУҚУҚИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БИСЁРҶОНИБА
- САНАДҲОИ ҲУҚУҚИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МИНТАҚАВӢ
- САНАДҲОИ ҲУҚУҚИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУҶОНИБА
- САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ТАДҚИҚОТӢ ДАР СОҲАИ ИЛМИ ҲУҚУҚ
- ТАДҚИҚОТҲОИ МУТАХАССИСОНИ МАРКАЗ
- КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТӢ
- МОНОГРАФИЯҲОИ КОРМАНДОН
- ДАР БОРАИ МАҶАЛЛА
- ҲАЙАТИ ТАҲРИРИЯ ВА ШӮРОИ МАШВАРАТӢ
- ТАЛАБОТ БАРОИ ЧОПИ МАҚОЛА
- ОБУНА БА МАҶАЛЛА
- БОЙГОНӢ
- ТАФСИРИ САНАДҲОИ ҚОНУНГУЗОРӢ
- ОСОРИ ИНТИХОБШУДАИ РАҲИМЗОДА М.З.
- КИТОБХОНАИ МАРКАЗ
- НАШРҲОИ МО
- ДАЙДЖЕСТИ ИЛМИ ҲУҚУҚ
- ФЕҲРИСТИ ЯГОНАИ ТАҲҚИҚОТҲОИ ИЛМӢ ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

28 июни соли 2019 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар мизи мудаввар дар мавзӯи «Қонунгузории бонкӣ: рушд ва проблемаҳо дар даврони Истиқлолият» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ, муассисаҳои илмӣ ва олимони соҳа баргузор гардид.
Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ директори Маркази миллии қонунгузорӣ Саидзода Иззатулло Ҳабибулло оғоз намуда, иброз доштанд, ки сиёсати ҳуқуқии бонкӣ яке аз ҷузъи таркибии сиёсати молиявии давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар асоси қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва маҷмӯи барномаҳои давлатии дахлдор ба амал бароварда мешавад.
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, новобаста аз вазъи ногувори иқтисодӣ ва сиёсии аввали солҳои 90-ум, низоми бонкии ҷумҳурӣ, алалхусус қонунгузории он тадриҷан рушд ёфта, имрӯз ба як низоми мукаммал табдил ёфтааст.
Дар баробари натиҷаҳои мусбӣ таҳлилҳо собит менамояд, ки масъалаи ихтилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, норасоӣ дар қонунгузории соҳаи бонкӣ ҳанӯз ҳам ҷой доранд.
Бо дарназардошти он, ки таҳлили ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии соҳаи бонкӣ вазифаи асосии муассисаҳои илмӣ (олимон) ва мутахассисони мақомоти давлатӣ аст, Марказ тасмим гирифтааст, ки чорабинии имрӯзаро доир намояд ва дар доираи он вазъи воқеии фаъолияти бонкиро мавриди баррасии амиқ қарор дода, баромадҳо ва мубодилаҳои афкор дар ин самт натиҷагирӣ карда шаванд.
Инчунин дар мизи мудаввар иштирокчиён доир ба дигар масъалаҳои ба фаъолияти бонкӣ алоқаманд бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Дар охир ба меҳмонону иштирокчиён, ки ба Маркази миллии қонунгузорӣ ташриф овардаанд, изҳори сипос карда шуд.