Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
 
 
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

26 июни соли 2019 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони Марказ, инчунин раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Зулфиқор Гулаҳмадзода, намояндагони Кумитаи мазкур Одиназода Абдулазиз, Қонунова Сафармоҳ ва Раҳимова Оишамоҳ иштирок намуданд.

Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ директори Марказ Саидзода Иззатулло Ҳабибулло оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, таманниётҳои неки худро иброз доштанд. Зимни суханронии худ Саидзода Иззатулло изҳор карданд, ки Ваҳдати миллӣ барои давлату миллати сарбаланду шарафёри тоҷик яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолист, ки намунаи олии баҳамоӣ, сулҳофаринӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҷоннисориву фидокории халқи тоҷикро дар роҳи эъмори давлатдории амну осоишта ба оламиён собит намуд. Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги сиёсӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб ёфта, пеш аз ҳама бо фидокориву заҳматҳои беандозаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ки дар таърихи навини давлатдориамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.

Дар идома корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Одиназода Абдулазиз бо ёдоварӣ аз нобасомониҳои солҳои навадуми асри гузашта ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва сулҳу созишро дастоварди таърихӣ ва пурарзиш барои давлату миллат номиданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода зимни суханронии худ баён доштанд, ки Ваҳдати миллӣ барои мо арзиши бисёр муқаддасу азиз буда, асоси хушбахтӣ ва саодати халқ мебошад. Вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту хештаншинос аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намояд, зеро таҳкими давлатдорӣ ва рушди сулҳу суботи ҷомеа маҳз аз он вобастагӣ дорад.

Инчунин дар мизи мудаввар муовини директори Марказ Маҳмадшозода Фарҳод, сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоӣ Бобокалонов Ғоиб, сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ Шеров Шералӣ, сардори қонунгузории гражданӣ соҳибкорӣ ва оилаӣ Шодмон Мансурӣ, муовини сардори шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозӣ Манучеҳр Ҳамидзод ва сардори шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист Пулатов Азамат доир ба нақш ва аҳамияти Ваҳдати миллӣ ибрози андеша намуданд.