Рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар аз заминаҳои мустаҳками меъёрии ҳуқуқӣ вобаста аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
 
 
БАРДОШТ АЗ МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ

20 майи соли 2019 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Марказ ҷаласаи васеъ баҳри омӯзиши матни суханронӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар 10 майи соли 2019 баён доштанд, баргузор гардид.

Ҷаласаро директори Марказ Саидзода Иззатулло ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ иброз дошт, ки мақсади вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ, бонкҳо ва намояндагони дигар соҳаҳо баррасии фаъолияти сохторҳои марбута ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, инчунин, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот ва вазифаҳое буданд, ки иҷрои онҳо барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ зарур мебошанд.

Дар идома муовини якуми директор Баҳриддинзода Субҳиддин иброз намуд, ки бо дарназардошти суръати миёнаи рушди иқтисодӣ дар тайи 10 соли охир, ки дар сатҳи беш аз 7 фоиз таъмин гардидааст, Сарвари давлат андешидани чораҳои дахлдорро аз ҷониби масъулин тақозо намуданд.

Сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ Шеров Шералӣ дар партави суханрониҳои Пешвои миллат доир ба низоми молияву бонкии кишвар ҳамчун омили муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ибрози сухан намуд.

Дар хусуси рушди фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, таҳкими иқтидори саноативу содиротӣ ва дар ин замина амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат муовини сардори шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавӣ Назаров Дустмурод баромад намуд.

Сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоӣ Бобокалонов Fоиб бошад, доир ба масъалаи даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт фикру андешаҳои худро пешниҳод намуд.

Дар самти бартараф намудани камбудиҳо ва пешгирии ҳолатҳои вайрон намудани муқаррароти қонунҳо сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ Табаров Неъмон ба сухан баромада, таклиф намуд, ки бо дарназардошти эродҳои Сарвари давлат дар соҳаҳои мавриди назар зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба вуҷуд омадааст.

Манучеҳр Ҳамидзод - муовини сардори шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозӣ бошад, оид ба масъалаҳои татбиқи ҳадафҳои умумимиллӣ дар соҳаҳои дахлдор ибрози андеша намуд.

Зимни музокирот байни иштирокчиёни ҷаласа табодули андеша ва саволу ҷавоб сурат гирифт.

Аксҳо: