Судяҳо набояд ба саҳлангорӣ, бемасъулиятӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ роҳ диҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
ҶАМЪОМАДИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Рӯзи 15 ноябри соли 2018 бо ибтикори Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузорӣ»-и ҲХДТ дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифодадиҳии агрегати якуми НБО «Роғун» ҷамъомади идона баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намоянда аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Раҷабова Фирӯза иштирок дошт.

Муовини раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузорӣ»-и ҲХДТ дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Ҳамидзод сароғоз ба муносибати Рӯзи Президент ва ба истифодадиҳии агрегати якуми НБО “Роғун”, ки аз рӯйдодҳои муҳим дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар ба шумор мераванд, ҳозиринро табрик гуфта, зимни суханронии худ зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаву сиёсати оқилонаи Пешвои миллат имрӯз ба як давлати рӯ ба инкишоф ва ободу пешрафтаи ҷаҳон мубаддал гаштааст. Дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли мо тайи 27 соли мустақилият бешумор буда, фаъолияти пурсамару созандаи Эмомалӣ Раҳмонро дар маснади роҳбарии давлат шаҳодат медиҳад. Хусусан, рушду пешрафти соҳаҳои ҳуқуқ ва қонунгузорӣ, иқтисоду иҷтимоиёт, маорифу фарҳанг, варзишу сайёҳӣ, саноату сохтмон ва дигар бахшҳои муҳим аз заҳмату меҳнати содиқонаи Сарвари давлат баҳри халқу Ватан гувоҳӣ медиҳанд. Мустаҳкамшавии пояҳои сиёсии давлат, таъмини амнияти сартосарии ҷумҳурӣ, сохтмони инфрасохтори ҳаётан муҳим, амалисозии лоиҳаву барномаҳои созандаву умедбахш ва эҳёи суннатҳои неки миллӣ аз корнамоиҳои дигари Президенти мамлакат аст, ки баҳри беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва ба давлати мутараққӣ мубаддал гардонидани Тоҷикистон равона гардидаанд.

Муовини сардори шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии Марказ Шодиев Ҳайбатулло зимни баромади худ иброз дошт, ки Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон аз шахсиятҳои таърихи башарият аст, ки маҳз бо азму иродаи қавӣ, матонат, ҷасорат, устуворӣ, хидмати хастанопазир ба миллати хеш дар арсаи сиёсати бузург то ба шахсияте расидааст, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва тинҷию рифоҳи беш аз ду даҳсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи ӯ сахт марбут аст. Пас, агар роҳи то ба ин рӯзҳо паймудаи Пешвои миллатро бо чашми хирад бинигарем, он ҳама амалҳое неку созандае, ки ӯро то ба ин мартабаю маъруфият расонидаанд, равшан хоҳанд шуд.

Ҳамзамон, дар ҷамъомад кормандони Марказ Фарангиси Сайфулло оид ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон вобаста ба масъалаҳои об, Самандари Искандар  доир ба таърихи сохтмони НБО “Роғун” ва амалҳои ҷасоратмандонаи Сарвари давлат ҷиҳати дубора барқарорсозии сохтмони НБО “Роғун” ва Зарипов Умед оид ба паҳлӯҳои дигари хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи роҳбарии хирадмандонааш бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд.

Дар қисмати охири ҷамъомади мазкур вобаста ба маърӯзаҳои ироашуда ва санаҳои таърихии давлату миллат байни иштирокчиёни ҷамъомад музокирот сурат гирифт. Пас он, Раҷабова Ф. ба кори ҷамъомади мазкур ва умуман фаъолияти Ташкилоти ибтидоии “Қонунгузорӣ” баҳои баланд дод.

Муовини раиси Ташкилот М. Ҳамидзод дар охир бори дигар ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати якуми НБО “Роғун” ҳозирин ва кулли мардуми шарафманди Тоҷикистонро шодбош гуфта, таманниётҳои неки худро баён намуд.

  Бо садо додани Суруди миллӣ ҷамъомад пӯшида эълон гардид.